69
1 Дар Вазорати адлияи Бо Қарори Ражсати Бонки Ҷумҳурии Тоҷикистон миллии Тоҷикистон 531 “а”, аз 15 ноябри соли 2017 аз “29сентябри с.2017, №129 “ба қайд гирифта шудааст” “тасдиқ шудааст” Дастурамали 227 Оид ба корҳои хазинавк дар Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявк Дастурамали №227 “Оид ба корҳои хазинавӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ” (минбаъд - Дастурамал) мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ", моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” ва моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” таҳия шуда, тартиби хизматраcонии хазинавиро дар Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ муайян менамояд. БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ 1. Дар Дастурамали мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: - Бонки миллии Тоҷикистон - Дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон; - ташкилотҳои қарзии молиявӣ ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои қарзии исломӣ, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти дар қонун пешбинишударо амалӣ менамоянд; - ташкилотҳои қарзӣ шахсони ҳуқуқие, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ѐ баъзе аз амалиѐти бонкии дар қонун пешбинишударо иҷро менамоянд; - ташкилотҳои қарзии исломӣ шахсони ҳуқуқие, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ѐ баъзе аз амалиѐти бонкии исломии дар қонун пешбинишударо иҷро менамоянд; - Хазинаи марказии Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиѐти хазинадории Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд- Хазинаи марказӣ) воҳиди сохтории Бонки миллии Тоҷикистон; - пулҳои нақд - пулҳои коғазӣ ва тангаҳо;

 · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

  • Upload
    others

  • View
    0

  • Download
    0

Embed Size (px)

Citation preview

Page 1:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

1

Дар Вазорати адлияи Бо Қарори Ражсати Бонки

Ҷумҳурии Тоҷикистон миллии Тоҷикистон

№531 “а”, аз 15 ноябри соли 2017 аз “29” сентябри с.2017, №129

“ба қайд гирифта шудааст” “тасдиқ шудааст”

Дастурамали № 227

Оид ба корҳои хазинавк дар Бонки миллии Тоҷикистон

ва ташкилотҳои қарзии молиявк

Дастурамали №227 “Оид ба корҳои хазинавӣ дар Бонки миллии

Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ” (минбаъд - Дастурамал)

мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии

Тоҷикистон”, моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти

бонкӣ", моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти

бонкии исломӣ” ва моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи

ташкилотҳои маблағгузории хурд” таҳия шуда, тартиби хизматраcонии

хазинавиро дар Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ

муайян менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Дар Дастурамали мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода

мешаванд:

- Бонки миллии Тоҷикистон - Дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои

минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон;

- ташкилотҳои қарзии молиявӣ – ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои

қарзии исломӣ, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон

фаъолияти дар қонун пешбинишударо амалӣ менамоянд;

- ташкилотҳои қарзӣ – шахсони ҳуқуқие, ки дар асоси иҷозатномаи

Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ѐ баъзе аз амалиѐти бонкии дар қонун

пешбинишударо иҷро менамоянд;

- ташкилотҳои қарзии исломӣ – шахсони ҳуқуқие, ки дар асоси

иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ѐ баъзе аз амалиѐти бонкии

исломии дар қонун пешбинишударо иҷро менамоянд;

- Хазинаи марказии Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиѐти

хазинадории Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд- Хазинаи марказӣ) –

воҳиди сохтории Бонки миллии Тоҷикистон;

- пулҳои нақд - пулҳои коғазӣ ва тангаҳо;

Page 2:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

2

- низоми автоматишудаи бонкӣ - маҷмӯи барномаҳо ва таъминоти

техникӣ барои автоматикунонии фаъолияти бонкӣ;

- равзанаи ягонаи хизматрасонии муштарӣ – муттаҳид намудани ҳамаи

иттилооти бонкӣ дар бораи муштарӣ бо мақсади фароҳам овардани

имконияти расонидани якчанд хизматрасонӣ ба муштарӣ тавассути як

амалиѐтгар (оператор);

- роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон – роҳбарияти Бонки миллии

Тоҷикистон ва мудирони шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон .

БОБИ 2. ТАШКИЛИ ХИЗМАТРАСОНИИ ХАЗИНАВӢ ДАР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

2. Бонки миллии Тоҷикистон танҳо ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва

дигар шахсони ҳуқуқие, ки ба онҳо мутобиқи қонунгузории амалкунандаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодани суратҳисоб дар Бонки миллии Тоҷикистон

иҷозат дода шудааст, хизматрасонии хазинавиро амалӣ менамояд. Барои

хизматрасонии хазинавӣ мутобиқи тарифҳои Бонки миллии Тоҷикистон аз

ташкилотҳои қарзии молиявӣ (минбаъд-муштариѐн) ҳаққи хизмат ситонида

мешавад.

3. Ҳамлу нақли дороиҳое, ки аз хазинаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ба

муштариѐн бароварда мешаванд ва ѐ ба он ворид карда мешаванд, танҳо ба

воситаи воҳиди ҳамлу нақли Департаменти муомилоти пули ва амалиѐти

хазинадории Дастгоҳи марказӣ (минбаъд – воҳиди ҳамлу нақл) ва шуъбаҳои

минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

4. Дар Хазинаи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии

Тоҷикистон хазинаҳои муомилот ташкил карда мешаванд ва бо иҷозати

Раѐсати Бонки миллии Тоҷикистон фонди эмиссионии пулҳои коғазӣ ва

тангаҳои ба муомилот бароварданашуда, пулҳои коғазӣ ва тангаҳои аз

муомилот барои нигоҳдорӣ гирифташуда таъсис дода мешавад.

5. Масъулияти нигоҳдории пулҳои нақд ва дигар дороиҳо ба зиммаи

кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии моддӣ доранд ва бо

онҳо шартнома дар бораи ҷавобгарии пурраи моддӣ баста шудааст, вогузор

карда мешавад.

6. Хазинаи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон

бо тартиби муқарраркардаи Дастурамали мазкур бо хазинаи муомилот

амалиѐт анҷом медиҳанд.

7. Хизматрасонии хазинавии муштариѐни Бонки миллии Тоҷикистон дар

давоми рӯзи амалиѐтӣ иҷро карда мешавад.

Дар Хазинаи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии

Тоҷикистон пулҳои коғазӣ ва тангаҳои аз ҷониби ташкилотҳои қарзии

Page 3:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

3

молиявӣ супоридашуда танҳо баъд аз тафтиши бастаҳо ва дастаҳо бо

муқоисаи миқдори пулҳои коғазӣ бо навиштаҷоти рӯйбастҳо, тангаҳо аз рӯи

навиштаҷоти барчаспи халтачаҳо қабул карда мешаванд ва бо ҳамин тартиб

хароҷот карда мешаванд.

Пулҳои нақди аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба Бонки миллии

Тоҷикистон воридшаванда ҳатман мавриди бозшумории назоратӣ қарор дода

шуда, бо тартиби муқарраршуда мураттаб карда мешаванд.

8. Ҳамаи пулҳои нақди дар давоми рӯзи амалиѐтӣ қабулшуда бояд ба

хазинаҳои муомилоти Хазинаи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонки

миллии Тоҷикистон ба ҳисоби воридот гузошта шаванд ва худи ҳамон рӯз ин

маблағ ба суратҳисобҳои дахлдори муштариѐн гузаронида шавад.

9. Вазифаҳои асосии Бонки миллии Тоҷикистон дар кори ташкили

гардиши пулҳои нақд ва хизматрасонии хазинавии муштариѐн инҳо

мебошанд:

-беосеб нигоҳ доштани пулҳои нақд ва дороиҳо дар фондҳои эмиссионӣ

ва хазинаҳои муомилот;

-сари вақт ва пурра ба суратҳисобҳои дахлдори муштариѐн

гузаронидани пулҳои нақде, ки ба хазинаҳои муомилоти Бонки миллии

Тоҷикистон ворид гардидаанд;

-сари вақт қонеъ намудани дархостҳои муштариѐн барои гирифтани

пулҳои нақд;

-ташкили гардиши самараноки пулҳои нақд бо мақсади кам кардани

хароҷот барои амалӣ намудани он;

-назорат аз болои мувофиқати сохтори арзиши номиналии пулҳои

коғазӣ ва тангаҳои дар муомилотбуда ба талаботи гардиши пулҳои нақд;

-назорат аз болои сифати пулҳои нақди дар муомилот қарордошта:

навъбандӣ, муоинаи коршоямии пулҳои коғазӣ ва тангаҳое, ки ба хазинаҳои

Бонки миллии Тоҷикистон ворид гардидаанд;

-назорат аз болои қабул ва ивази пулҳои нақди дорои осеб ва нуқсонҳои

корхонаҳои чопи пул ва сикказании тангаҳо;

-риояи талаботи қонунгузории соҳаи бонкӣ, Дастурамали мазкур ва

дигар санадҳои меъѐрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон.

БОБИ 3. ТАРТИБИ НИГОҲДОРӢ, БАҲИСОБГИРИИ ПУЛҲОИ

НАҚД ВА ДИГАР ДОРОИҲО

10. Пулҳои нақди хазинаи муомилот ва дигар дороиҳо дар бино ѐ

ганҷхонаҳои махсус муҷаҳҳазшуда нигоҳдорӣ мешаванд ва таҳти

масъулияти шахсони вазифадори масъули нигоҳдории дороиҳои Бонки

миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ мебошанд.

Page 4:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

4

11. Агар Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ

дорои якчанд ганҷхонаҳо бошанд, бояд ба онҳо рақамҳои тартибӣ гузошта

шавад.

12. Дар дохили ганҷхонаҳо пулҳои нақд ва дигар дороиҳо дар ҷевони

филизии панҷарадор, ҷевонҳои филизӣ, сейфҳои махсус, равонакҳо,

контейнерҳо, кассетаҳо барои банкоматҳо нигоҳ дошта мешаванд. Ҳар як

ҷевони филизии панҷарадор, ҷевонҳои филизӣ, сейфҳои махсус ва равонакҳо

алоҳида аз тарафи мудири хазина бо калид қулф карда мешавад. Калиди

ҷевонҳои филизии панҷарадор, ҷевонҳои филизӣ, сейфҳои махсус ва

равонакҳо алоҳида дар ганҷхона дар ҷевони мудири хазина нигоҳ дошта

мешавад. Ба рафҳои филизии панҷарадор, ҷевонҳои филизӣ, сейфҳои махсус,

равонакҳо бояд рақамҳои тартибӣ гузошта шаванд. Агар дар ганҷхонаҳо

имконияти нигоҳдории пулҳои нақд ва дигар дороиҳо дар ҷевони филизии

панҷарадор, ҷевонҳои филизӣ, сейфҳои махсус, равонакҳо, контейнерҳо,

кассетаҳо барои банкоматҳо набошад, пулҳои нақд ва дигар дороиҳоро

метавонанд бо халтаҳо бастубанд намуда, нигоҳдорӣ намоянд.

13. Баъди санҷиши ганҷхона аз тарафи шахсони вазифадори масъули

нигоҳдории дороиҳо, пулҳои нақд ва дигар дороиҳои дар он гузошташуда аз

тарафи мудири хазина қулф карда мешавад.

14. Муваққатан супоридани пулҳои нақд ва дигар дороиҳои ганҷхонаҳо,

муҳрҳои филизӣ, калидҳои ганҷхонаҳо аз як шахси вазифадори масъули

нигоҳдории дороиҳо ба дигар шахс бо сабаби ба рухсатӣ, сафари хидматӣ

рафтан, беморӣ ва дигар сабабҳо бо фармони роҳбарияти Бонки миллии

Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва аз роҳбари шуъбаҳои

минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон бошад, бо иҷозати хаттии Раиси

Бонки миллии Тоҷикистон ѐ муовинони ӯ, ѐ роҳбари Дастгоҳи марказии

ташкилотҳои қарзии молиявӣ сурат мегирад.

15. Ба ҳар як рафи (қатори) ганҷхона, ҷевонҳои филизӣ, рафҳои филизии

панҷарадор, сейфҳои махсус ва равонакҳо ки дар он пулҳои нақди хазинаи

муомилот нигоҳ дошта мешавад, пас аз анҷоми рӯзи корӣ рӯйхат тартиб дода

шуда, дар он санаи рӯз, маблағи бақияи ҳар як арзиши пулҳои нақд қайд

карда мешавад. Рӯйхатҳо аз тарафи мудири хазина тартиб ва имзо гардида,

дар рафҳои филизии панҷарадор якҷоя бо пулҳои нақд ва дигар дороиҳо ѐ

дар ҷузвдони алоҳида дар ганҷхона нигоҳ дошта мешаванд.

Пас аз ҳар як амалиѐти гузоштан ѐ гирифтани пулҳои коғазӣ ва тангаҳо

аз хазинаи муомилот, шахсони вазифадори масъули нигоҳдории дороиҳо

вазифадоранд, ки мавҷудияти пулҳои (дороиҳои) нақди дар ганҷхона бударо

бо дарназардошти гузоштан ѐ гирифтани пулҳои коғазӣ ва тангаҳо санҷиш

кунанд.

Page 5:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

5

16. Ҳангоми ба ганҷхонаҳо қабул кардани пулҳои нақд ва дигар дороиҳо

шахсони вазифадори масъули нигоҳдории дороиҳо чунин мушаххасотро

шахсан бояд санҷанд:

- бастаҳои пурра, нопурра ва омехтаи пулҳои коғазиро аз рӯи теъдоди

дастаҳо, аз рӯи арзиш ва навиштаҷоти рӯйбастҳо; тангаҳоро аз рӯи

навиштаҷоти барчаспи халтача, беосебии муҳри сурбӣ ва намоѐн будани

нақши муҳранбӯрҳо ѐ клише;

- китобчаҳои чек, амонатгузорӣ ва расидро бо бастабандии дурусти

корхонаҳои чоп ѐ ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи бастаҳо бе

бозшумории варақ ба варақ;

- дигар дороиҳо (бо арзиши шартӣ ѐ асосӣ) бо назардошти ҳисобкунии

донагӣ ва варақ ба варақ.

17. Дар ганҷхона пулҳои нақди хазинаи муомилот дар бастаҳо ва

халтачаҳои корхонаҳои чопи пулҳои коғазӣ ва сикказании тангаҳо, Бонки

миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ нигоҳ дошта мешаванд.

18. Пулҳои нақди хазинаи муомилот метавонанд аз ганҷхонаҳо барои

анҷом додани бозшумории назоратӣ, навъбандии онҳо ва санҷиш ба хазинаи

бозшуморӣ бароварда шаванд, ҳангоми дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ

мавҷуд набудани хазинаи бозшуморӣ ба утоқи кории хазинадор бароварда

шаванд.

19. Пулҳои нақд ва дигар дороиҳои ҳар як ганҷхона, ҳамчунин асъор ва

ҳуҷҷатҳои пардохтӣ бо асъор дар китобҳои алоҳидаи 0482120 “Китоби қайди

дороиҳои хазинаи муомилот” ба ҳисоб гирифта мешаванд. Китобҳо аз тарафи

мудири хазина пеш бурда мешаванд.

20. Дурустии гардиш ва бақияи дар китобҳо қайдшуда ҳамарӯза бо

имзои шахсони вазифадори масъули нигоҳдории дороиҳо тасдиқ карда

мешавад. Шарҳу ислоҳ дар китобҳо бо имзои шахсони мазкур тасдиқ

мегардад.

21. То маҳкам намудани ганҷхона бақияи умумии пулҳои нақд ва дигар

дороиҳо барои оғози рӯзи дигари амалиѐтӣ дар китоби 0482120-“Китоби

қайди дороиҳои хазинаи муомилот” оид ба ҳар як ҳисоб, қайд карда

мешаванд. Китобҳо дар давоми рӯз дар назди мудири хазина ва баъди ба

охир расидани рӯз дар ганҷхона нигоҳ дошта мешавад.

22. Пеш аз маҳкам намудани ганҷхона шахсони вазифадори масъули

нигоҳдории дороиҳо уҳдадоранд дар ганҷхонаҳо санҷиш намоянд:

- мавҷудияти ҳамаи дороиҳо, китобҳо ва ҳуҷҷатҳое, ки бояд дар

ганҷхона нигоҳдорӣ шаванд;

- мувофиқати бақияи пулҳои нақди хазинаи муомилот ва дигар дороиҳо

бо маълумотҳои ҳисобдории муҳосибавӣ ва бақияҳои дар рӯйхатҳо

нишондода ва китоби 0482120 - “Китоби қайди дороиҳои хазинаи муомилот”;

Page 6:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

6

- қулф будани ҳамаи ҷевонҳои филизӣ, сейфҳои махсус, равонакҳо,

контейнерҳо, кассетаҳо барои банкоматҳо, баста будани халтаҳо барои ҳамлу

нақл;

- хомӯш будани ҳамаи асбобҳои барқӣ.

23. Сармуҳосиб ва шахси онро ивазкунанда уҳдадоранд, ки бақияи

дороиҳои дар китобҳои 0482120-“Китоби қайди дороиҳои хазинаи муомилот”

навиштаро бо маълумоти бақияи ҳисобҳои дахлдори ҳисобдории муҳосибавӣ

муқоиса намоянд.

24. Ҷевонҳои филизӣ, сейфҳои махсус, равонакҳо, контейнерҳо,

кассетаҳо барои банкоматҳо, халтаҳои барои ҳамлу нақл ва нигоҳдории

дороиҳо истифодашаванда баъди ба охир расидани иҷрои амалиѐт новобаста

аз будан ѐ набудани дороиҳо дар онҳо, бояд қулф (маҳкам) карда шаванд.

Дар дохили ганҷхонаҳо ба истиснои ҳуҷҷатҳои хазинавии рӯз, нигоҳ

доштани дигар маводҳо, ҳуҷҷатҳо, ки дар китоби 0482120 қайд нашудаанд,

манъ аст.

БОБИ 4. ТАРТИБИ КУШОДАН ВА МАҲКАМ НАМУДАНИ

ГАНҶХОНАҲО

25. Даромадан ба ганҷхонаҳо фақат ба шахсони вазифадори масъули

нигоҳдории дороиҳо, ки калид ва муҳри ганҷхонаро доранд, иҷозат дода

мешавад.

26. Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии

молиявӣ метавонанд ба ганҷхонаҳо фақат бо иҷозати роҳбар, муовине, ки ба

ӯ ҳуқуқи анҷоми амалиѐт бо пулҳои нақд дода шудааст ва танҳо дар ҳузури

шахсони вазифадори масъули нигоҳдории дороиҳо дароянд. Кормандоне, ки

дар Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ кор

намекунанд, метавонанд ба ганҷхонаҳо дар ҳузури шахсони вазифадори

масъули нигоҳдории дороиҳо дар асоси рухсатномаи Роҳбарияти Бонки

миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ ворид шаванд.

27. Дар рӯзҳои корӣ тамоми ганҷхонаҳо кушода ва мавриди

азназаргузаронии шахсони вазифадори масъули нигоҳдории дороиҳо

новобаста аз он, ки амалиѐт бо дороиҳо сурат гирифтааст ѐ не, қарор

мегиранд. Баъд аз он ганҷхонаҳо бо тартиби дар банди 31 Дастурамали

мазкур пешбинишуда маҳкам ва муҳр карда мешаванд.

28. Дар рӯзҳои истироҳат кушодан ва маҳкам намудани ганҷхонаҳо дар

асоси Фармони раиси (раиси ѐ роҳбарияти Дастгоҳи марказии) Бонки миллии

Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ амалӣ карда мешавад.

29. Дари ганҷхонаҳои дорои қулфҳои электронӣ, ки бо маҷмӯи

барнома ва таъминоти техникии автоматишуда идора карда мешаванд,

муҳргузорӣ карда намешаванд.

Page 7:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

7

30. Дари ганҷхонаҳои дорои қулфҳои электронӣ ва механикӣ, ки

рамзҳои тағйирѐбанда ва тағйирнаѐбанда доранд, бо дарҳои қулфдори

ганҷхонаҳои бо калид маҳкамшаванда баробар мебошанд. Агар дар давоми

рӯзи корӣ дар ин гуна ганҷхонаҳо бо пулҳои нақд ва дигар дороиҳо амалиѐт

гузаронида нашавад, бояд онҳо бо калид маҳкам ва бо сурғуч муҳргузорӣ

карда шаванд.

Дар вақтҳои ғайрикорӣ дари ганҷхонаҳо бо калид маҳкам ва бо

муҳрҳои шахсони масъули нигоҳдории дороиҳо бо истифода аз сурғуч

муҳргузорӣ карда мешаванд.

Ҳангоми иҷрои амалиѐт бо пулҳои нақд ва дигар дороиҳо калидҳоро

дар дохили сӯрохии қулфи ганҷхонаҳо мондан манъ аст.

31. Бо анҷом ѐфтани рӯзи корӣ ганҷхонаҳо бо се калид қулф гардида,

муҳрҳои се шахси вазифадори масъули нигоҳдории дороиҳо дар ҳузури

посбон гузошта мешаванд.

Калиди ганҷхонаҳо бояд дар ихтиѐри шахсони зерин нигоҳ дошта

шаванд:

- калиди якум - дар ихтиѐри мудири хазина ѐ шахси масъули онро

ивазкунанда;

- калиди дуюм - дар ихтиѐри роҳбари (муовини) Хазинаи марказӣ,

шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии

молиявӣ (Дастгоҳи марказӣ ва филиалҳо) ѐ шахси масъули онро

ивазкунанда;

- калиди сеюм - дар ихтиѐри сармуҳосиб ѐ шахси масъули онро

ивазкунанда.

Муҳрҳо бевосита аз тарафи шахсони вазифадори масъули нигоҳдории

дороиҳо дар болои ресмон ба тахтачаи махсус барои муҳр бо тартиби зерин

баъди гиреҳи ресмон гузошта мешаванд:

- якум – муҳри мудири хазина ѐ шахси масъули онро ивазкунанда;

- дуюм – муҳри сармуҳосиб ѐ шахси онро ивазкунанда;

- сеюм – муҳри роҳбари (муовини) Хазинаи марказӣ, шуъбаҳои

минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии молиявӣ

(Дастгоҳи марказӣ ва филиалҳо) ѐ шахси масъули онро ивазкунанда.

Ресмони яклухти бегиреҳ ба дохили гӯшакҳои дари ганҷхона тавре

гузаронида мешавад, ки бе осеб расонидан ба ресмон ва муҳр дар кушода

нашавад. Барои муҳргузории ганҷхонаҳо бояд фақат сурғуч истифода карда

шавад. Дар ин маврид баъд аз муҳргузорӣ бояд нақши муҳр пурра хонда

шавад.

32. Ҳангоми қабули ганҷхонаҳои муҳршуда посбон аввал нақши

муҳрҳоро бо намунаи онҳо муқоиса намуда, дар китоби 0482161-“Китоби

қайди кушодану бастан ва муҳргузории ганҷхонаҳо, ҷевонҳои насӯзанда ва

дигар хазинаҳои пулӣ” имзо мегузорад. Намунаи нақши муҳрҳо, ки барои

Page 8:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

8

муҳргузории дари ганҷхонаҳо истифода мегардад, бо қайд дар китоби

0482161-“Китоби қайди кушодану бастан ва муҳргузории ганҷхонаҳо,

ҷевонҳои насӯзанда ва дигар хазинаҳои пулӣ” ба посбон супорида мешавад.

33. Баъди қабул ва супоридани ганҷхона аз тарафи посбон барои

нигоҳбонӣ, мудири хазина ба воситаҳои алоқа бо тартиби муқарраргардида

ба пулти (маркази ҳидояти) мутамаркази Хадамоти посбонӣ оид ба омода

будани ганҷхона барои пайваст кардан ба сигналдиҳии посбонӣ хабар дода,

тасдиқи онро дар бораи пайваст гардидани васоити сигналдиҳии посбонии

ганҷхона ба пулт мегирад. Ба шахсони дигар бовар кардани ин вазифа манъ

аст.

Дар ҳолати мавҷуд будани сигналдиҳии посбонии электронӣ хабар

расонидан ба пулти (маркази ҳидояти) мутамаркази Хадамоти посбонӣ

зарурат надорад.

34. Пеш аз кушодани ганҷхонаҳо шахсони вазифадори масъули

нигоҳдории дороиҳо дар ҳузури посбон мавҷуд набудани вайронии дарҳо,

қулфҳо, ресмон ва муҳрҳо, инчунин гӯшакҳои кафшершудае, ки аз сӯрохи

онҳо ресмон гузаронида мешавад, аз назар гузаронида, баъд аз он дар китоби

0482161-“Китоби қайди кушодану бастан ва муҳргузории ганҷхонаҳо,

ҷевонҳои насӯзанда ва дигар хазинаҳои пулӣ” дар бораи аз посбон қабул

кардани беосебии нақши муҳрҳое, ки ганҷхонаҳо муҳргузорӣ шудаанд ва

қабули намунаи муҳрҳо аз посбон имзо мекунанд.

Тахтачаи муҳрҳо бо роҳи буридани як тоби ресмон ҷудо карда мешавад.

Нақши муҳрҳо баъд аз муоинаи ганҷхона аз тарафи мудири хазина нобуд

карда мешаванд.

35. Дар ҳолати вайрон будани дарҳо, қулфҳо, ресмон ѐ муҳрҳо ва

инчунин мавҷуд будани аломатҳои кӯшиши дохилшавӣ ба ганҷхона, фавран

пеш аз кушодани он роҳбари Хазинаи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии

Бонки миллии Тоҷикистон ва ѐ роҳбари ташкилотҳои қарзии молиявӣ,

намояндаи шуъбаи (бахши) воҳидҳои муҳофизаи (посбонии) назди мақомоти

корҳои дохилӣ даъват гардида, бо имзои ҳамаи шахсони вазифадори масъули

нигоҳдории дороиҳо, посбон ва намояндаи посбонӣ санад тартиб дода

мешавад. Ҳамзамон дар ин хусус ба роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон

ва ѐ Дастгоҳи марказии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва мақомоти корҳои

дохилӣ хабар дода мешавад.

Тоби ресмони тахтачаи муҳрдор дар ҳузури посбон, намояндагони

посбон ва мақомоти корҳои дохилӣ бурида мешавад.

36. Баъди кушодани ганҷхона бояд ба беосебии деворҳо, фарш, сақф,

инчунин дари рафҳо боварӣ ҳосил намуда, ҳангоми беосеб будани онҳо

нақши муҳрҳоро нобуд карда мешавад. Дар ҳолати шубҳанок будани

муҳофизати дороиҳо зарур аст, ки мавҷудияти дороиҳо санҷида шуда, санад

Page 9:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

9

тартиб дода шавад. Агар дороиҳои нақди воқеӣ бо маълумоти ҳисобдорӣ

мувофиқат кунанд, нақши муҳрҳо баъди имзои санад нобуд карда мешавад.

Ҳангоми мавҷуд будани фарқият тахтачаи нақши муҳрҳо ба мақомоти

корҳои дохилӣ супорида мешавад.

37. Дар сурати баъди қабули ганҷхона аз посбон ва кушодани он ошкор

шудани вайронии девор, фарш, сақфи он:

- Хазинаи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон

ба роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти корҳои дохилӣ хабар

медиҳанд;

- Дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба

Бонки миллии Тоҷикистон ва Дастгоҳи марказии ташкилотҳои қарзии

молиявӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ хабар медиҳанд;

- санҷиши мавҷудияти дороиҳо гузаронида шуда, санад тартиб дода

мешавад;

- тахтачаи нақши муҳрҳо ба мақомоти корҳои дохилӣ супорида

мешавад.

38. Дар бораи тамоми ҳолатҳои кӯшиши дохилшавӣ ба ганҷхона ва

усулҳои анҷом додани он ба Бонки миллии Тоҷикистон ва Дастгоҳи

марказии ташкилотҳои қарзии молиявӣ хабар дода мешавад.

БОБИ 5. ТАЛАБОТ БА БИНО БАРОИ ГУЗАРОНИДАНИ

АМАЛИЁТ БО ПУЛҲОИ НАҚД, ДОРОИҲО ВА ВОСИТАҲОИ

БАРНОМАВИЮ ТЕХНИКИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗИИ МОЛИЯВӢ

39. Қарори банақшагирии бино барои гузаронидани амалиѐт бо пулҳои

нақд ва дигар дороиҳо ва воситаҳои барномавию техникӣ аз ҷониби

ташкилотҳои қарзии молиявӣ қабул карда мешавад.

40. Бино барои анҷом додани амалиѐт бо пулҳои нақд ва дигар дороиҳо

тарзе ҷойгир мешавад, ки имконияти ба он даромадани шахсони бегона, аз

ҷумла кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва воҳидҳои сохтории

онҳо, ки ба гузаронидани амалиѐт бо пули нақд алоқамандӣ надоранд,

инчунин аз тарафи ин шахсон мушоҳида шудани ҳамлу нақли пули нақд дар

байни ҳуҷраҳо барои анҷом додани амалиѐт бо дороиҳо ғайриимкон бошад.

41. Агар дар бинои ҷойгиршудаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ дигар

ташкилотҳо низ воқеъ бошанд, дар ин сурат ташкилотҳои қарзии молиявӣ

барои гузаронидани амалиѐт бо пулҳои нақд ва дигар дороиҳо баромадгоҳи

алоҳида месозанд, ки он аз тарафи дастаи посбонии (ѐ хадамоти бехатарии)

ташкилотҳои қарзии молиявӣ ѐ бо воситаҳои техникии муҳофизат ва

наворгиранда назорат карда мешавад.

Page 10:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

10

42. Масоҳати бино барои гузаронидани амалиѐт бо пулҳои нақд ва

дороиҳоро ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо дарназардошти зарурати ҳаҷми

банақшагирифташудаи пулҳои нақд бо шарти риояи қоидаҳои амнияти

сӯхторнишонӣ ва меъѐрҳои санитарӣ (беҳдоштӣ) муайян мекунанд.

43. Мустаҳкамии техникии бино барои гузаронидани амалиѐт бо пулҳои

нақд ва дигар дороиҳо бояд бехатарии ҳаѐти кормандони ташкилотҳои

қарзии молиявӣ ва ҳифзу нигоҳдории пулҳои нақд ва дороиҳоро таъмин

намояд, ки он ба воситаи маҷмӯи воситаҳои муҳофизатӣ (бехатарӣ) тибқи

талаботи муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон амалӣ

мегардад.

44. Бино барои нигоҳдории пулҳои нақд ва дигар дороиҳо метавонад аз

утоқҳои зерин иборат бошад:

- ганҷхона бо ҷевонҳои филизӣ, сейфҳои махсус, равонакҳо,

контейнерҳо, кассетаҳо барои банкоматҳо, халтаҳо барои ҳамлу нақли

пулҳои нақд;

- пешайвони ганҷхона дар даромадгоҳи хазинаи пулҳои нақд ва дигар

дороиҳо;

- роҳравҳои назоратӣ, ки қад-қади деворҳои хазинаи пулҳои нақд ва

дигар дороиҳо ҷойгир шудаанд, ба деворҳои берунии бино ѐ ба деворҳои

утоқи ташкилотҳои берунӣ бевосита ҳамшафат, аз пешайвони ганҷхона роҳи

даромад доранд.

45. Ганҷхона метавонад утоқи махсуси бо сейфҳо муҷаҳҳазшудае

бошад, ки мустаҳкамии сейфҳои дохили он аз мустаҳкамии дараҷаи якуми

тобоварӣ ба шикаст кам набошад.

46. Дар сурати мавҷуд набудани ганҷхона, амалиѐтҳои хазинавӣ танҳо

рӯзона гузаронида шуда, пулҳои нақд дар сейфҳое, ки мустаҳкамии онҳо аз

мустаҳкамии дараҷаи сеюми тобоварӣ ба шикаст кам нест, нигоҳ дошта

мешавад.

47. Бино барои гузаронидани амалиѐт бо пулҳои нақд ва дигар дороиҳо

бояд бо сигнализатсияи муҳофизатию сухторнишонӣ ва хатар, ки ба

дидбонгоҳи муҳофизаи (посбонии) ташкилотҳои қарзии молиявӣ пайваст

шудааст, муҷаҳҳаз бошад.

48. Дар нуқтаи марказии муҳофизатӣ, ки муҳофизати ташкилотҳои

қарзии молиявиро амалӣ менамояд ва дорои пулти мутамаркази назорат ва

гурӯҳи зудамал буда, саривақт ба сигнали муҳофизатию сӯхторнишонӣ ѐ ба

сигнали таҷҳизоти сӯхторнишонии худкор (автоматӣ) ва сигнали хатар ҷавоб

медиҳад, сигнали дастаҷамъии бино барои анҷом додани амалиѐт бо пулҳои

нақд ва дигар дороиҳо насб карда мешавад. Дар ин маврид бояд барои

фавран ба мақомоти корҳои дохилӣ хабар додани маълумоте, ки ба нуқтаи

марказии муҳофизатӣ ворид мегардад, имконият бошад. Ганҷхонаҳои

Page 11:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

11

ташкилотҳои қарзии молиявӣ метавонанд бо воситаҳои сигналдиҳии

муҳофизатию сухторнишонӣ ва сигнали хатари худкор (автоматӣ) муҷаҳҳаз

бошанд.

49. Намудҳои (моделҳои) воситаҳои барномавию техникӣ, тартиби

насби таҷҳизоти сигнализатсияи бехатарӣ ва ташкили муҳофизат аз тарафи

ташкилотҳои қарзии молиявӣ муайян карда мешавад.

Талабот нисбат ба мустаҳкамии техникии утоқи воситаҳои барномавию

техникӣ низ аз тарафи ташкилотҳои қарзии молиявӣ муайян карда мешавад.

50. Амалиѐт барои ворид намудан ва гирифтани пулҳои нақд, аз тарафи

пулрасонҳо ва кормандони хазинавӣ дар утоқҳое, ки бо воситаҳои

барномавию техникӣ барои гузаронидани чунин амалиѐт таъиншуда

муҷаҳҳаз шудаанд, гузаронида мешавад.

51. Сатҳи мустаҳкамии техникии бино барои гузаронидани амалиѐт бо

пулҳои нақд ва дигар дороиҳо, истифодаи воситаҳои бехатарӣ, аз ҷумла

сейфҳо, воситаҳои барномавию техникӣ, сохтори сигнализатсияи

сӯхторнишонию муҳофизатӣ ѐ таҷҳизоти сӯхторнишонии худкор (автоматӣ)

ва сигнали бонги хатар аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар якҷоягӣ

бо ташкилоте, ки онро посбонӣ мекунад, муайян карда мешавад.

52. Ташкилотҳои қарзии молиявиро метавонад ташкилоти хусусии

посбоникунандае, ки барои ин гуна фаъолият иҷозатнома дорад, воҳидҳои

мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси шартномаи бо ташкилотҳои қарзии

молиявӣ басташуда, инчунин хадамоти амнияти худи ташкилотҳои қарзии

молиявӣ муҳофизат ва посбонӣ намоянд.

53. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ, дар хусуси ба талаботи Дастурамали

мазкур ҷавобгӯ будани бино барои анҷом додани амалиѐт бо пулҳои нақд ва

дигар дороиҳо, таҷҳизот ва барномаҳо, ки дар ганҷхонаҳои ташкилотҳои

қарзии молиявӣ ва воҳидҳои сохтории онҳо истифода мегарданд, пеш аз ба

кор оғоз намудан бояд иҷозати Бонки миллии Тоҷикистонро гиранд.

БОБИ 6. ТАШКИЛИ КОРИ ХАЗИНА

54. Барои иҷрои вазифаҳо оид ба хизматрасонии хазинавии муштариѐн

ва коркарди пулҳои нақд, дар сохтори Бонки миллии Тоҷикистон ва

ташкилотҳои қарзии молиявӣ шуъбаи амалиѐти хазинавӣ ташкил карда

мешавад, ки он аз воҳидҳои сохтории зерин иборат буда метавонад:

хазинаҳои воридот, хароҷот, воридоту хароҷот, бозшуморӣ, бегоҳӣ, шабона,

инчунин утоқ барои гузаронидани амалиѐт бо маснуоти тилло ва сангҳои

қиматбаҳо (баҳогузорӣ), утоқ барои қабул ва супурди пули нақду дороиҳо ба

пулрасонҳо, утоқи бозшуморӣ барои муштариѐн ва утоқи беҳдошт (барои

нигоҳдории ҷиҳози шахсӣ). Мақсаднокии ташкили сохторҳои мазкур ва

Page 12:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

12

миқдори онҳо аз ҷониби роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва

ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо дарназардошти шумораи муштариѐн ва

ҳаҷми амалиѐти хазинавӣ муайян карда мешавад.

55. Ба шуъбаи амалиѐти хазинавӣ мудири хазина роҳбарӣ менамояд.

Ҳангоми зиѐда аз 3 воҳид корманд мавҷуд будан, вазифаи сардори шуъбаи

амалиѐти хазинавӣ ҷорӣ карда мешавад. Мудири хазина (сардори шуъбаи

амалиѐти хазинавӣ) ба шуъба роҳбарӣ менамояд ва кори кормандони

шуъбаро назорат менамояд.

56. Роҳбари воҳиди сохтории муомилоти пулӣ ва амалиѐти хазинадории

Дастгоҳи марказӣ, шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон ва

ташкилотҳои қарзии молиявӣ уҳдадор аст:

- таъмини дақиқ ва саривақтии хизматрасонии хазинавии муштариѐн;

- ташкили нигоҳдории дороиҳои вогузоршуда ва таъмини комилан

беосеб нигоҳ доштани онҳо;

- фароҳам овардани шароити зарурие, ки ба риояи дурусти тартиби

муқарраршудаи қабул, коркард, нигоҳдорӣ, додани пулҳои нақд ва дигар

дороиҳо аз хазинаҳо ва ганҷхонаҳо мусоидат намояд;

- гузаронидани чораҳои зарурӣ оид ба роҳ надодан ба ҳисоби ғалат,

дуздӣ ва суиистифода дар кори хазина;

- баррасии ҳар як ҳодисаи ҳисоби ғалат, дуздӣ, хатогиҳои дигар ва

суиистифода, ситонидани зарари расонидашуда аз шахсони гунаҳкор тибқи

қонунгузории муқарраргардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бартараф кардани камбудиҳое, ки дар вақти санҷишҳо ошкор

гаштаанд;

- барои баланд бардоштани маҳсулнокии кори кормандони хазинавӣ ба

таъмин ва ҷорӣ намудани техника ва технологияҳои муосир мусоидат

намояд;

- барои кор бо кормандон ва такмили ихтисоси онҳо чорабиниҳои

зарурӣ гузаронад.

57. Ҳамроҳ кор кардани хешовандони наздик, агар кори онҳо ба

тобеияти бевосита ѐ таҳти назорати яке қарор доштани дигаре вобаста бошад,

дар хазина манъ аст.

58. Ҳангоми зарурати муваққатан иваз намудани кормандони алоҳидаи

хазинавӣ бо фармони роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ѐ ташкилотҳои

қарзии молиявӣ иҷрои амалиѐти хазинавӣ ба муҳлати на зиѐда аз як моҳ

мумкин аст ба зиммаи кормандони дигари Бонки миллии Тоҷикистон ѐ

ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ки бо ин мақсад тайѐр карда шуда, бо онҳо дар

хусуси масъулияти пурраи моддӣ шартнома баста мешавад, вогузор гардад.

Барасмиятдарории муносибатҳои меҳнатӣ бо кормандони мазкур, ки

Page 13:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

13

муваққатан ба иҷрои амалиѐт бо дороиҳо роҳ дода шудаанд, мутобиқи

қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

59. Барои иҷрои амалиѐт бо пулҳои нақд ва дигар дороиҳо шахсони

вазифадоре, ки масъули бе осеб нигоҳ доштани дороиҳо мебошанд, бо

муҳрҳои филизӣ ва калидҳои ганҷхонаҳо таъмин карда мешаванд,

кормандони хазинавӣ бошанд, бо калидҳои воситаҳои инфиродии

нигоҳдории дороиҳо, муҳранбур, клише, тамғаҳои инфиродӣ ва ғайра таъмин

мегарданд. Муҷаҳҳаз намудани ҷойҳои кории кормандони хазинавӣ дар

Замимаи №1 Дастурамали мазкур пешбинӣ шудааст.

60. Ҳамаи муҳр, муҳранбур, клише, тамғаҳои инфиродӣ ва тамғаҳои

дигар, калиди ганҷхонаҳо, рафҳо, ҷевонҳо ва воситаҳои инфиродии

нигоҳдорӣ дар китоби алоҳида ба қайд гирифта мешаванд, ки он аз ҷониби

шахси бо фармоиши (фармони) роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва

ташкилотҳои қарзии молиявӣ махсус ҷудокардашуда, ки аз иҷрои амалиѐт бо

дороиҳо озод карда шудааст, ба роҳ монда мешавад.

61. Ҳар сол як маротиба санҷиши ҳолат ва мавҷудияти воқеии муҳру

тамға ва калидҳои дар зерҳисоби шахсони масъул қарордошта, аз ҷониби

шахси масъул, ки бо фармони роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва

ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба зимаи ӯ вогузор шудааст, гузаронида шуда

санад тартиб дода мешавад.

62. Ба саҳифаҳои китобҳои хазинавӣ рақам гузошта, сӯрох карда, ришта

гузаронида мешавад ва он бо нақши муҳри нишондори Бонки миллии

Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ тасдиқ карда мешавад.

Навиштаҷот дар бораи миқдори варақҳо дар китоб бо имзои шахсони

вазифадоре, ки масъули нигоҳ доштани дороиҳо мебошанд, тасдиқ карда

мешавад.

63. Муҳр, калид, муҳранбур, клише ва тамғаҳо, ҳамчунин нусхаи

калидҳои воситаҳои инфиродии нигоҳдорӣ, рафҳо ва ҷевонҳои филизии

ганҷхонаҳо, ки истифода намегарданду вайрон мебошанд ва аз ҷониби шахси

масъул, ки дар бандҳои 60-62 Дастурамали мазкур пешбинӣ шудааст,

бастабанд ва муҳргузорӣ шуда, ба шахсони вазифадори масъули нигоҳ

доштани дороиҳо супорида мешаванд, ки якҷоя бо рӯйхат дар яке аз

ҷевонҳои ганҷхона нигоҳ дошта шуда, бо арзиши шартии 1 сомонӣ ба ҳисоб

гирифта мешаванд.

64. Дар ҳолати гум шудани калидҳои ганҷхона бояд рамзи қулф тағйир

дода шуда, калидҳои нав сохта шаванд. Барои иваз кардани гузарвожаи

(сирри) қулф мутахассисони дорои рухсатнома, ки аз тарафи хадамоти

амнияти Бонки миллии Тоҷикистон ва ѐ ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба

расмият дароварда шудааст, ҷалб карда мешаванд.

Page 14:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

14

65. Дар бораи тағйир додани рамзи қулф ва сохтани калидҳои нав аз

ҷониби комиссияе, ки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои

қарзии молиявӣ таъин намудааст, санад тартиб дода мешавад. Дар он

сабабҳои тағйир додани гузарвожаи (сирри) қулф ва сохтани калидҳои нав,

ному насаб ва номи хонаводагии шахсе, ки ин корҳоро анҷом додааст, бо

истинод ба мавҷудияти рухсатнома нишон дода мешавад. Санадҳо доимо дар

парвандаи алоҳидаи дар ихтиѐри роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва ѐ

ташкилотҳои қарзии молиявӣ мавҷудбуда нигоҳ дошта мешаванд.

Шахсоне, ки дар гум шудани калидҳо гунаҳкор мебошанд, вобаста ба

вазъи баамаломада ба ҷазои интизомӣ кашида мешаванд.

66. Ҳамаи ганҷхонаҳо бояд нусхаҳои калид дошта бошанд, ки онҳо бо

навиштаҷоти муфассал (руйхат) ба лифофа гузошта мешаванд, ба рӯи онҳо

матоъ кашида дӯхта мешавад ва аз ҷониби се шахси вазифадоре, ки масъули

нигоҳ доштани дороиҳо мебошанд, муҳр гузошта мешавад. Рӯйхат

мушаххасоти зеринро дар бар мегирад: номи Бонки миллии Тоҷикистон ва ѐ

ташкилотҳои қарзии молиявӣ, таърихи рӯз, миқдор ва рақами нусхаҳои

калидҳое, ки ба лифофа гузошта шудаанд, арзиши шартии лифофа, имзои

шахсони вазифадори масъули нигоҳдории дороиҳо.

67. Лифофа бо нусхаҳои калидҳо бо мактуби ҳамрав, ки аз ҷониби

роҳбарият ва ҳамаи шахсони вазифадори масъули нигоҳ доштани дороиҳо

имзо шудааст, барои нигоҳдорӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ва ѐ

ташкилоти қарзии молиявии наздиктарин супорида мешавад ва дар ин хусус

ба ташкилоти қарзии молиявӣ, ки калидҳоро барои нигоҳдорӣ супоридааст,

расид дода мешавад.

Расид дар хусуси барои нигоҳдорӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ва ѐ

ташкилоти қарзии молиявӣ супоридани нусхаҳои калидҳо якҷоя бо нусхаҳои

номгӯйҳо ва мактуби ҳамрав дар ганҷхона нигоҳ дошта шуда, дар ҳисоби

ғайритавозунӣ бо арзиши шартии 1 сомонӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

68. Лифофаи нусхаҳои калидҳо ҳангоми мавҷудияти дархости Бонки

миллии Тоҷикистон ва ѐ ташкилоти қарзии молиявӣ, ки онро барои

нигоҳдорӣ супоридааст аз ҷониби роҳбарият ва се шахси вазифадори

масъули нигоҳ доштани дороиҳо имзо шуда, бо муҳри нишондор тасдиқ

гардидааст ва баъди пешниҳоди расид аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон

ва ѐ ташкилоти қарзии молиявие, ки дар онҳо нусхаҳои калидҳо маҳфузанд,

бозпас дода мешавад.

69. Лифофаи нусхаҳои калидҳо, ки аз Бонки миллии Тоҷикистон ѐ

ташкилоти қарзии молиявии дигар барои нигоҳдорӣ қабул карда шудааст,

дар яке аз ҷевонҳои ганҷхонаи Бонки миллии Тоҷикистон ва ѐ ташкилоти

қарзии молиявӣ гузошта шуда, дар ҳисоби ғайритавозунӣ бо арзиши 1

сомонӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

Page 15:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

15

70. Нусхаҳои калидҳо дар ҳолати шикастан ѐ гум шудани нусхаи якум,

ҳангоми санҷише, ки ба иваз намудани шахсони вазифадоре, ки масъули

нигоҳ доштани дороиҳоянд ва инчунин ҳангоми санҷише, ки бо супориши

Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилоти қарзии молиявӣ

амалӣ мегардад, аз ҷойи нигоҳдорӣ гирифта мешаванд. Дар ин ҳолатҳо

шахсони вазифадоре, ки масъули нигоҳ доштани дороиҳо мебошанд, санад

тартиб дода, ба имзо мерасонанд ва сабабҳои гирифтани нусхаи калидҳоро

нишон медиҳанд. Санад ба ордери (варақаи) хароҷот замима карда мешавад.

71. Дар вақти корӣ дари ҳуҷраҳои хазинаҳои амалиѐтӣ бояд бо калид

қулф бошад. Дар вақти иҷрои амалиѐти хазинавӣ калидро дар сӯрохии

қулфҳои ҳуҷраҳои хазинаҳои амалиѐтӣ, ганҷхонаҳо, қитъаҳо, ҷевонҳо,

катакчаҳо ва воситаҳои инфиродии нигоҳдории дороиҳо гузоштан манъ аст.

72. Ҳангоми муваққатан аз ҷойи кор берун баромадан, пулҳои нақд,

ҳуҷҷатҳои хазинавӣ, муҳр, клише, муҳранбур ва калиди воситаҳои

инфиродии нигоҳдории дороиҳоро дар шакли кушода монда рафтани

хазинадорон манъ аст. Пули шахсии хазинадорҳо, либос, хӯрок ва чизҳои

дигар бояд дар ҳуҷраи алоҳидаи махсус ѐ ҷевонҳое, ки дар бинои хазина,

вале берун аз хазина ҷойгир шудаанд, нигоҳ дошта шаванд. Назорати он ба

зиммаи сардори шуъбаи амалиѐти хазинавӣ (мудири хазина) вогузор

мегардад.

73. Хазинадорҳои хазинаҳои воридоту хароҷот бо намунаи имзои

кормандони амалиѐтӣ, ки ваколатдори имзо намудани ҳуҷҷатҳои хазинавии

воридоту хароҷот мебошанд, таъмин карда мешаванд. Кормандони

амалиѐтие, ки бо барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои воридоту хароҷот вобастаанд,

бо намунаи имзои хазинадорҳои хазинаҳои мазкур таъмин карда мешаванд.

Дар намунаҳо имзои роҳбарият ва сармуҳосиби Бонки миллии Тоҷикистон,

роҳбар ва сармуҳосиби ташкилоти қарзии молиявӣ гузошта шуда, бо муҳри

нишондор тасдиқ карда мешаванд.

74. Аз болои саривақт супоридани намунаи имзоҳо ба кормандони

дахлдор ва ҳангоми аз эътибор соқит кардан аз онҳо гирифтани намунаи

имзоҳо, сармуҳосиби Бонки миллии Тоҷикистон ва ѐ ташкилоти қарзии

молиявӣ назорат менамояд.

75. Интиқоли ҳуҷҷатҳои воридоту хароҷот байни кормандони хазинавӣ

ва амалиѐтии Бонки миллии Тоҷикистон ва ѐ ташкилотҳои қарзии молиявӣ

ба тартиби дохилӣ бо навиштан дар китоби шакли озод амалӣ карда

мешавад.

76. Дар хазинаҳои амалиѐтӣ дар ҷои намоѐн эълон навишта мешавад, ки

намунаҳои пулҳои миллӣ дар ихтиѐри мудири хазина (сардори шуъбаи

амалиѐти хазинавӣ) қарор доранд ва бо хоҳиши муштарӣ мумкин аст барои

аз назар гузаронидан пешниҳод карда шаванд. Намунаҳои пулҳои миллӣ дар

Page 16:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

16

шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон ва ѐ ташкилоти қарзии

молиявӣ дар ҳисоби ғайритавозунӣ аз рӯи арзиш ба ҳисоб гирифта шуда, дар

вақти ғайрикорӣ дар ганҷхона нигоҳ дошта мешаванд.

Намунаҳои пулҳои миллӣ, ки аз корхонаи чопи пул ба Хазинаи марказӣ

ворид мегарданд, дар ҳисоби ғайритавозунии 91303 “Намунаҳои пули Бонки

миллии Тоҷикистон” бо арзиши шартии 1 сомонӣ барои ҳар як варақ ба

хисоб гирифта мешаванд.

БОБИ 7. МАСЪУЛИЯТ БАРОИ БЕ ОСЕБ НИГОҲ ДОШТАНИ ДОРОИҲО

ВА РИОЯИ ҚОИДАҲОИ ИҶРОИ

АМАЛИЁТИ ХАЗИНАВӢ

77. Роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ва

ташкилоти қарзии молиявӣ, ки барои гузаронидани амалиѐти хазинавӣ ва

нигоҳдории пулҳои нақд ва дигар дороиҳо вазифадоранд, барои комилан бе

осеб нигоҳ доштани ҳамаи дороиҳо масъулияти шахсӣ ба зимма доранд.

78. Дар қатори роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон

ва ташкилоти қарзии молиявӣ барои дуруст ташкил намудани кори хазинавӣ,

муҳофизати зарурӣ ва комилан бе осеб нигоҳ доштани ҳамаи дороиҳое, ки

дар Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилоти қарзии молиявӣ мавҷуданд ва

инчунин барои хизматрасонии дақиқи хазинавӣ ба муштариѐн, мудирони

хазинаҳо (сардорони шуъбаҳои амалиѐти хазинавӣ) низ масъулият ба зимма

доранд.

79. Роҳбарон, сармуҳосибон (сарнозирон), мудирони хазинаҳои Бонки

миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ вазифадоранд риояи

қатъии қоидаҳои анҷом додани амалиѐти хазинавиро таъмин намоянд, аз

болои сари вақт қабул гардидани пулҳои нақде, ки ба хазинаи муомилот

ворид мегарданд, назорат баранд.

Ба шахсони дигари вазифадор вогузор намудани ихтиѐрдории хазинаи

муомилот, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилоти қарзии

молиявиро аз масъулияти беосеб нигоҳ доштани дороиҳо озод намесозад, ба

ғайр аз ҳолатҳое, ки онҳо расман бо сабабҳои рухсатӣ, сафари хидматӣ ва

ғайра берун аз Бонки миллии Тоҷикистон ва ѐ ташкилотҳои қарзии молиявӣ

қарор дошта бошанд.

80. Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилоти қарзии

молиявӣ бо ҳар як корманде, ки бо пулҳои нақд ва дороиҳои дигар амалиѐт

анҷом медиҳад, шартнома дар бораи ҷавобгарии пурраи моддӣ мебандад

(Замимаи №2 Дастурамали мазкур).

81. Масъулияти моддии нигоҳдории пулҳои нақди хазинаи муомилот ва

дигар дороиҳоие, ки дар ганҷхонаҳо ҷой доранд ва иҷрои амалиѐт бо онҳо ба

Page 17:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

17

зиммаи мудири хазинаи Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии

молиявӣ вогузор карда мешавад.

82. Кормандони хазинавӣ барои камомади пулҳои нақд ва дигар

дороиҳо дар даставу бастаҳои мураттабнамудаи онҳо ва бастабандии дигаре,

ки имзои онҳо гузошта шудааст, инчунин барои дар байни пулҳои коғазӣ ва

тангаҳои навъбандӣ ва бастабандишуда ошкор шудани пулҳои коғазӣ ва

тангаҳои корношояму қалбакӣ, новобаста аз он, ки дар Бонки миллии

Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ камомад ва пулҳои нақди

корношоям, қалбакӣ ошкор гардидааст, масъулияти пурраи моддӣ бар дӯш

доранд.

83. Барои кормандони хазинавӣ қатъиян манъ аст:

- ба шахси дигар бовар намудани иҷрои кор бо дороиҳое, ки ба зиммаи

онҳо супорида шудааст, инчунин иҷро намудани коре, ки ба доираи

вазифаҳои онҳо дохил намешавад;

- бевосита иҷро намудани супоришҳои муштариѐн оид ба гузаронидани

амалиѐт бо пулҳои нақд аз рӯи суратҳисобҳои онҳо дар Бонки миллии

Тоҷикистон ва ташкилоти қарзии молиявӣ, инчунин бевосита аз онҳо қабул

намудани ҳуҷҷатҳо барои гузаронидани пулҳои нақд, гирифтани пулҳои нақд

бе иштироки кормандони амалиѐтӣ, ба истиснои кормандони хазинавӣ, ки

тибқи равзанаи ягонаи хизматрасонии муштарӣ тариқи низоми

автоматишудаи бонкӣ амалиѐт мегузаронанд;

- нигоҳ доштани пулҳои худ якҷоя бо пулҳои Бонки миллии Тоҷикистон

ва ѐ ташкилоти қарзии молиявӣ;

- бидуни гузоштани имзо дар китоби 0482155- “Китоби сабти дороиҳои

қабулшуда ва додашудаи хазинадорон”, феҳрист ѐ варақаи назоратӣ ба

якдигар супоридани пулҳои нақд ва дигар дороиҳо.

84. Ҳамаи кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои

қарзии молиявӣ, ки кор бо пулҳои нақд, дороиҳо ва анҷом додани амалиѐт бо

онҳо ба зиммаашон вогузор шудааст, вазифадоранд тартиби дар Дастурамали

мазкур муқарраршудаи кор бо пулҳои нақдро донанд ва қатъиян риоя

намоянд. Талаботи Дастурамали мазкурро надонистани кормандони Бонки

миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ, дар ҳолати ба хатогиҳо

роҳ додан, барои аз масъулият озод намудани онҳо асос шуда наметавонад.

85. Ҳар сол кормандони хазинавии Бонки миллии Тоҷикистон ва

ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ки ҷавобгарии моддӣ ба зимма доранд, бояд аз

санҷиши тахассусӣ ва муоинаи тиббӣ гузаранд.

БОБИ 8. ТАШКИЛИ КОРИ ХАЗИНАҲОИ ВОРИДОТ

Page 18:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

18

86. Пулҳои нақд ба хазинаҳои воридоти Бонки миллии Тоҷикистон аз

ташкилот, муассиса ва корхонаҳо новобаста аз шакли моликият –шахси

ҳуқуқӣ (минбаъд - муштарӣ) аз рӯи иттилоияи шакли №0402001, аз

ташкилотҳои қарзии молиявӣ тибқи Фармоиши хаттии Роҳбарияти Бонки

миллии Тоҷикистон, ордери воридот ва рӯйхат қабул карда мешаванд.

Дигар дороиҳо ба хазинаҳои Бонки миллии Тоҷикистон аз ташкилот,

муассиса, корхонаҳо новобаста аз шакли моликият –шахси ҳуқуқӣ (минбаъд

- муштарӣ) ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ тибқи Фармоиши хаттии

Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва ордери воридот қабул карда

мешаванд.

Пулҳои нақд ба хазинаҳои воридоти ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз

ташкилот, муассиса ва корхонаҳо новобаста аз шакли моликият – шахсони

ҳуқуқӣ ва воқеӣ (минбаъд–муштарӣ) аз рӯи иттилоияи шакли №0402001 ва

аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ тибқи ордери воридот (дар асоси шартнома)

қабул карда мешаванд (Замимаи №3 Дастурамали мазкур).

Пулҳои нақд аз кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои

қарзии молиявӣ аз рӯи ордери воридот қабул карда мешаванд.

87. Барои ба хазинаи воридот супоридани пулҳои нақд намояндагони

муштариѐн иттилоия барои гузаронидани пулҳои нақд, расиди №0402001-ро

пур мекунанд ва онро ба корманди амалиѐтӣ месупоранд, ки ӯ иттилоияро

санҷиш намуда, ба расмият медарорад, маблағро дар дафтари хазина оид ба

воридот нишон медиҳад ва онро ба хазина месупорад.

88. Иттилоияро аз корманди амалиѐтӣ гирифта, хазинадор якхела

будани имзои корманди амалиѐтиро бо намунаи имзоҳо муқоиса менамояд,

мутобиқати рақами маблағҳо ва рақами бо ҳарф навиштаи онҳоро муқоиса

намуда, супорандаи пулро даъват мекунад ва дар хазинаи воридот аз вай

маблағро қабул менамояд:

- аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пулҳои коғазиро варақ ба варақ, тангаҳоро

дона ба дона қабул намуда, сипас ба тартиби муқарраршуда пулҳои коғазиро

дар бастаҳои пурра, нопурра ва омехта, тангаро дар халтачаҳо мураттаб ва

бастабандӣ мекунад;

- аз Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ пулҳои

коғазӣ бо санҷиши шумораи дастаҳо бо бастаҳои пурра, тангаҳо бо

халтачаҳо қабул карда шуда, миқдори бастаҳо, дурустӣ ва пурра будани

бастабандӣ, мавҷудияти нақши намоѐн ва пурраи муҳранбурҳо, клише,

дуруст ба расмият даровардани мушаххасот ва мутобиқати онҳо ба

мушаххасоти Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ

санҷида мешавад.

Page 19:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

19

Агар супоранда пулро аз рӯи якчанд ҳуҷҷат барои дохил кардан ба

суратҳисобҳои гуногун супорад, хазинадор пулро аз рӯи ҳар як ҳуҷҷат

алоҳида қабул мекунад.

Дар мизи хазинадор бояд танҳо пулҳои нақди шахсоне, ки онро

месупоранд, мавҷуд бошад. Дигар ҳамаи пулҳои нақди қабулнамудаи

хазинадор дар воситаҳои инфиродии нигоҳдорӣ нигоҳ дошта мешаванд.

89. Баъди қабули пулҳои нақд хазинадор маблағи воқеиро бо

навиштаҷоте, ки дар варақаи воридот нишон дода шудааст муқоиса мекунад.

Ҳангоми мутобиқ омадани маблағ хазинадор расид, иттилоия барои

гузаронидани пулҳои нақд ва ордери ба он иловашуда ѐ ду нусха ордери

воридотро имзо мекунад, дар расид ѐ ин ки дар нусхаи ордери воридот муҳр

гузошта, онро ба пулсупоранда медиҳад. Иттилоия барои гузаронидани

пулҳои нақд ѐ нусхаи якуми ордери воридотро хазинадор дар ихтиѐри худ

нигоҳ медорад. Ордер ба иттилоияи № 0402001 ба кормандони дахлдори

амалиѐтӣ супорида мешавад.

90. Ҳангоми ошкор шудани пулҳои нақди корношоям, шубҳанок,

фарқият байни маблағи пулҳои нақд ва маблағе, ки дар ҳуҷҷат нишон дода

шудааст, ба пулсупоранда пешниҳод карда мешавад, ки ҳуҷҷати хазинавиро

ба маблағи воқеии қабулшаванда аз нав пур намояд.

Хазинадор ҳуҷҷати аввалини воридотро хат мезанад, дар паси расиди

иттилоия, нусхаи ордери воридот маблағи воқеии пулҳои нақд қабулкардаро

нишон медиҳад, инчунин арзиш, силсила, рақам ва маблағи барои муоина

қабулкардаи пулҳои нақди шубҳанокро сабт менамояд ва имзо мегузорад.

Расид, иттилоия ва ордер ѐ ду нусха ордери воридотиро хазинадор ба

корманди амалиѐтӣ бармегардонад, ки вай дар дафтари хазинавӣ ислоҳ

ворид мекунад, санадҳои аз нав қабулшударо ба расмият медарорад ва ба

пулҳои нақди шубҳанок, ки бояд мавриди муоина қарор гиранд, ордери

воридоти ғайритавозунӣ дар се нусха пур карда мешавад. Дар таъиноти

ордери воридотии ғайритавозунӣ арзиш, силсила, рақами пулҳои коғазии

барои муоина қабулгардида ва маблағи умумӣ нишон дода мешавад. Ордери

воридотии ғайритавозуниро корманди амалиѐтӣ ба хазина интиқол медиҳад.

Нусхаи якум дар ҳуҷҷатҳои хазинавии рӯз дӯхта шуда, нусхаи дуюм, ки

онро хазинадор имзо кардааст ва ба он муҳри хазина гузошта шудааст, ба

муштарӣ дода мешавад, нусхаи сеюм ҳамроҳи пулҳои нақди шубҳанок барои

муоина бо ворид кардани сабт дар китоби 0482155- “Китоби сабти дороиҳои

қабулшуда ва додашудаи хазинадорон” ба мудири хазина дода мешавад.

Аз ҷониби мудири хазина санад оид ба пулҳои нақди шубҳанок тартиб

дода мешавад. Пулҳои нақди шубҳанок бо нусхаи санад барои муоина ба

Бонки миллии Тоҷикистон ирсол мегарданд.

Ба пулҳои коғазии корношоям хазинадор ѐ мудири хазина тамғаи

“корношоям” бо мушаххасоти зерин мегузорад: номи Бонки миллии

Page 20:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

20

Тоҷикистон ва ѐ ташкилоти қарзии молиявӣ, сана, ному насаб ва имзо, баъд

онро ба муштарӣ бармегардонад. Тангаҳои корношоям бошад баъд аз муоина

ва муайян намудани корношоямии онҳо ба муштарӣ баргардонида мешаванд.

91. Доир ба қабул намудани пулҳои нақд аз шуъбаҳои минтақавии Бонки

миллии Тоҷикистон, Хазинаи марказӣ ба Идораи ҳисобдории Дастгоҳи

марказии Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқнома равон менамояд (Замимаи

№5 Дастурамали мазкур).

92. Агар аз ҷониби муштарӣ пулҳои нақд ворид нагардида бошад,

хазинадор иттилоияро ба кормандони амалиѐтӣ бармегардонад. Навиштаҷот

дар дафтари хазинавӣ хат зада мешавад, иттилоия низ хат зада шуда, дар

ҳуҷҷатҳои хазинавии рӯз ҷойгир карда мешавад.

93. Хазинадори хазинаи воридот ҳар рӯз дар хусуси аз муштариѐн қабул

кардани маблағҳои пулӣ ва ба мудири хазина супурдани онҳо дар китоби

0482155 “Китоби сабти дороиҳои қабулшуда ва додашудаи хазинадорон”

қайд ворид мекунад.

Дар охири рӯзи амалиѐтӣ хазинадор ҳуҷҷатҳои воридоти хазинавии

қабулшударо ҷамъ оварда, маблағи онҳоро бо нишондоди лентаи назоратии

ҳисоб ѐ ин ки беруннависи ҳисоби тавозунии хазинавӣ муқоиса мекунад, дар

бораи маблағи пулҳои нақди қабулшуда маълумотномаи № 0482109 тартиб

медиҳад ва маблағи дар ин маълумотнома нишондодашударо бо маблағи

воқеии пулҳои нақди қабулгардида муқоиса мекунад (Замимаи № 6

Дастурамали мазкур).

Маълумотнома аз тарафи хазинадор имзо карда мешавад ва гардишҳои

хазинавие, ки дар он нишон дода шудаанд, бо навиштаҷоти дафтарҳои

хазинавии кормандони амалиѐтӣ муқоиса карда мешаванд.

Муқоиса бо имзои хазинадор дар дафтарҳои хазинавӣ ва бо имзои

корманди амалиѐтӣ дар маълумотномаи хазинадор ба расмият дароварда

мешавад.

Хазинадор дар охири рӯзи амалиѐтӣ дафтарҳои хазинавӣ ва

маълумотномаи №0482109 –ро ба мудири хазина, сармуҳосиб барои муқоиса

ва назорат пешниҳод менамояд. Мудири хазина, сармуҳосиб баъди муқоиса

дар маълумотнома ва дафтари хазинавӣ имзо намуда, маълумотномаро ба

хазинадоре, ки барои ҷузвбандии ҳуҷҷатҳо вобаста аст, бармегардонад.

94. Пулҳои нақди бастабандишударо бо тартиби муқарраршуда

хазинадори хазинаи воридот ҳамроҳи санадҳои воридот, лентаи назоратии

ҳисобрас ѐ ин ки беруннависи ҳисоби тавозунии хазинавӣ, маълумотномаи

№0482109 бо гузоштани қайд дар китоби №0482155- “Китоби сабти

дороиҳои қабулшуда ва додашудаи хазинадорон” ба мудири хазина

месупорад. Пулҳои нақд ба мудири хазина дар бастабандии Бонки миллии

Тоҷикистон ѐ ташкилотҳои қарзии молиявӣ супорида мешаванд.

Page 21:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

21

95. Мудири хазина бастаҳои пурра, нопурра ва омехтаи пулҳои коғазӣ

ва халтачаҳои тангаро аз рӯи навиштаҷоти рӯйбастҳо бо санҷиши миқдори

дастаҳо, пуррагии бастабандӣ ва муҳри сурбӣ, нақшҳои клише ва

мавҷудияти мушаххасоти зарурӣ қабул мекунад. Маблағи пулҳои нақди

қабулнамудаашро бо маълумотномаи хазинадор муқоиса намуда, ба он имзо

мегузорад.

96. Пулҳои нақди ба хазинаи воридот воридшударо метавонанд дар

давоми рӯзи амалиѐтӣ якчанд маротиба бо гузоштани сабт дар китоби

0482155 - “Китоби сабти дороиҳои қабулшуда ва додашудаи хазинадорон” ба

мудири хазина ва дигар хазинадорон супоранд. Дар ин ҳолатҳо то

супоридани пулҳои нақд, хазинадор бояд эътимод пайдо кунад, ки пулҳои

нақди воқеӣ ба маблағи умумии аз рӯи ҳуҷҷатҳои воридотӣ қабулшуда

мувофиқ мебошад.

97. Ташкилотҳои қарзии молиявии низоми автоматишудаи бонкӣ

дошта, ҳангоми гузаронидани амалиѐтҳои хазинавии воридотӣ бо истифодаи

ин низом иҷрои вазифаҳои амалиѐтгар ва хазинадорро ба зиммаи як нафар

корманд вогузор мекунанд ва метавонанд хизматрасонии муштариѐнро аз як

равзана ба роҳ монанд ва тавассути ҳамин равзана хизматрасониҳои

ғайринақдии муштариѐнро низ анҷом диҳанд.

Шакли ягонаи назорат ҳангоми анҷомдиҳии амалиѐтҳои хазинавии

воридотӣ тавассути назорати электронии ҳуҷҷатҳо, мутобиқи тартиби

низоми дохилии ташкилотҳои қарзии молиявӣ муайян карда мешавад.

БОБИ 9. ТАШКИЛИ КОРИ ХАЗИНАҲОИ БОЗШУМОРӢ

98. Барои бозшуморӣ, навъбандӣ, мураттабсозии пулҳои нақд ва

назорат аз болои тозагии пулҳои нақди дар муомилотбуда дар Бонки миллии

Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ хазинаҳои бозшуморӣ ташкил

карда мешаванд.

99. Андозаи хазина ва миқдори кормандони хазина бо дарназардошти

ҳаҷми пулҳои нақде, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии

молиявӣ ворид мегардад ва муҷаҳҳаз будани хазинаи бозшуморӣ бо

воситаҳои техникии коркарди пул муайян карда мешавад.

100. Бозшумории пулҳои нақд аз ҷониби хазинадорон анҷом дода

мешавад. Ҳангоми аз 2 то 6 нафар иборат будани хазинадорон мудири

хазинаи бозшуморӣ ѐ як нозир таъин карда мешавад. Дар сурати дар хазинаи

бозшуморӣ мавҷуд будани зиѐда аз 7 хазинадор вазифаи сардори шуъбаи

бозшуморӣ таъсис дода мешавад.

Ҳар хазинадор бояд бо муҳранбур, клише, тамға ва воситаи инфиродии

нигоҳдории дороиҳои зерҳисобӣ таъмин карда шавад. Ҳангоми бастабандии

даста ва бастаҳои пулҳои коғазӣ, инчунин мураттабсозии халтачаҳои тангаҳо

Page 22:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

22

ҳар хазинадор ҳатман бояд аз муҳранбур, клише ва тамғаи инфиродии худ

истифода барад. Дар сурати ошкор гардидани камомад, бешомад, пулҳои

нақди корношоям ва қалбакӣ дар даста ва бастаҳои пулҳои коғазӣ ва

халтачаҳои тангаҳо, хазинадори мураттабнамуда масъул мебошад.

Сардори шуъбаи бозшуморӣ аз болои кори нозир ва хазинадорон

назорат намуда, кори онҳоро тавре ташкил менамояд, ки маҳсулнокии

бештар ва самаранокии бозшуморӣ, инчунин нигоҳдории дороиҳоро таъмин

карда тавонад. Сардори шуъбаи бозшуморӣ ҳангоми муваққатан ҳозир

набудани нозир вазифаи ӯро иҷро менамояд.

101. Барои гузаронидани бозшуморӣ нозир (мудири хазинаи

бозшуморӣ) аз хазинаи муомилот, аз мудири хазина бо қайд намудан дар

китоби №0482155- “Китоби сабти дороиҳои қабулшуда ва додашудаи

хазинадорон” аз шахсони вазифадоре, ки барои нигоҳдории дороиҳо

масъуланд, пулҳои нақд қабул мекунад. Бастаҳои пурра, нопурра ва омехтаи

пулҳои коғазӣ ва халтачаҳои танга аз тарафи нозир аз рӯи навиштаҷоти

рӯйбастҳо ва барчаспҳо бо санҷиши миқдори дастаҳо, пуррагии бастабандӣ

ва муҳрҳои сурбӣ, нақшҳои клише ва мавҷудияти мушаххасоти зарурӣ қабул

карда мешаванд.

102. Барои пурра намудани камомад, пулҳои нақди корношоям ва

шубҳанок, мудири хазина ҳар рӯз таҳти ҳисоб ба нозир (мудири хазинаи

бозшуморӣ) бо гузоштани имзо дар китоби хазинавии №0482155- “Китоби

сабти дороиҳои қабулшуда ва додашудаи хазинадорон” маблағи заруриро

медиҳад. Пулҳои нақдро нозир варақ ба варақ ва ѐ дона ба дона қабул

менамояд.

Маблағи пулии гирифтаашро нозир дар китоби №0482155 - “Китоби

сабти дороиҳои қабулшуда ва додашудаи хазинадорон” қайд мекунад.

103. Дар давоми рӯзи корӣ нозир (мудири хазинаи бозшуморӣ) пулҳои

нақдро дар воситаи инфиродии нигоҳдории дороиҳо нигоҳ медорад, ки баъди

ҳар бори гузоштан ѐ гирифтани дороиҳо қулф карда мешавад.

Бастаҳои пулҳои коғазӣ ва халтачаҳои тангаи барои бозшуморӣ

қабулкардаро нозир (мудири хазинаи бозшуморӣ) бо гузоштани имзо дар

китоби 0482155-“Китоби сабти дороиҳои қабулшуда ва додашудаи

хазинадорон” ба хазинадорони хазинаи бозшуморӣ медиҳад.

104. Хазинадор аз нозир (мудири хазинаи бозшуморӣ) барои бозшуморӣ

бастаҳои пулҳои коғазиро аз рӯи навиштаҷоти рӯйбастҳо бо санҷиши

миқдори дастаҳо, пуррагии бастабандӣ ва муҳрҳои сурбӣ, нақши клишеҳо ва

мушаххасоти зарурӣ, халтачаҳои тангаро бошад, аз рӯи навиштаҷоти

барчаспҳо қабул мекунад. Пулҳои нақди қабулшударо дар феҳрист ѐ китоби

0482155- “Китоби сабти дороиҳои қабулшуда ва додашудаи

хазинадорон”сабт менамояд (Замимаи № 7 Дастурамали мазкур).

Page 23:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

23

105. Баъди қабули пули нақд хазинадор онро дар воситаи инфиродии

нигоҳдорӣ мегузорад, баъд як баста пули коғазӣ ѐ як халтачаи тангаро

бароварда ба бозшуморӣ ва навъбандии он шурӯъ мекунад. Дар як вақт

кушодани якчанд баста пули коғазӣ ѐ халатачаи танга манъ аст. Бастаи пули

коғазӣ ѐ халтачаи тангаи навбатӣ танҳо баъд аз он, ки ҳамаи дастаҳои бастаи

пули коғазӣ ѐ халтачаи тангаи пештара бозшуморӣ, навъбандӣ, дастаҳои

пурра бастабандӣ, дастаҳои нопурраи дастабандӣ ва бастабандинашуда дар

воситаи инфиродии нигоҳдорӣ гузошта шуданд, кушода мешавад.

Бастабандии дастаҳо, рӯйбастҳои боло ва поѐни баста, риштаи канаб бо

муҳри сурбӣ, бастабандии полиэтиленӣ, халтача бо барчасп то бозшумории

пурраи ҳамаи бастаҳои пулҳои коғазӣ ва халтачаҳои танга дар мизи

хазинадор нигоҳ дошта мешаванд.

Бо ҷамъ шудани дастаҳои пурра хазинадор онҳоро ба таври

муқарраршуда дар бастаҳои пурра мураттаб ва бастабандӣ мекунад.

106. Дар ҳолати ошкор шудани камомад, бешомад, пулҳои нақди

корношоям ва шубҳанок хазинадор бозшумориро қатъ менамояд ва дар ин

бора ба нозир (мудири хазинаи бозшуморӣ) хабар медиҳад. Баъд аз ин бастаи

пулҳои коғазӣ, халтачаи танга ки дар онҳо камомад, бешомад, пулҳои нақди

корношоям, шубҳанок ошкор карда шудааст, таҳти мушоҳидаи нозир дубора

аз ҷониби хазинадор бозшуморӣ карда мешавад.

107. Дар хусуси камомад, бешомад, пулҳои коғазӣ ва тангаҳои

корношоям ѐ шубҳанок, аз он ҷумла пулҳои фарсуда аз дохили пулҳои

коршоям ва баръакс ҳангоми бозшуморӣ ошкоргардида бо тартиби

пешбининамудаи бандҳои 180-181 Дастурамали мазкур санади №

0482145 тартиб дода мешавад, ки дар асоси он маблағи камомад, пулҳои

коғазӣ ва тангаҳои корношоям, шубҳанок аз ҳисоби пулҳое, ки барои пур

кардани камомад, иваз намудани пулҳои нақди корношоям ва шубҳанок ба

нозир дода шудаанд, пурра карда шуда, маблағи бешомад аз ҷониби нозир

(мудири хазинаи бозшуморӣ) қабул мегардад (Замимаи № 8 Дастурамали

мазкур). Пулҳои нақди шубҳанок бо нусхаи якуми санади № 0482145 баъди

гузоштани имзо дар китоби №0482155- “Китоби сабти дороиҳои қабулшуда

ва додашудаи хазинадорон” барои муоина (экспертиза) ба мудири хазина

супурда мешаванд.

108. Оид ба камомад, бешомад, пулҳои нақди корношоям ва қалбакие,

ки ҳангоми бозшумории пулҳои нақд ошкор гардидаанд, дар хазинаи

бозшуморӣ ҳисобот бурда мешавад. Маблағи камомад, бешомад, пулҳои

нақд корношоям ѐ қалбакии муштариѐни алоҳидаи Бонки миллии

Тоҷикистон ва ѐ ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи ҳар як санад ва

ҳамчунин аз рӯи ҳар як хазинадоре, ки камомад, бешомад, пулҳои нақди

корношоям ѐ қалбакиро ошкор намудааст, дар ҳисобот нишон дода мешавад.

Page 24:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

24

Аз рӯи камомад, бешомад, пулҳои нақди корношоям ва қалбакие, ки дар

давоми рӯзи корӣ дар бастабандиҳои хазинадорони Бонки миллии

Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ ошкор гардидааст, дар се нусха

санади ҷамъбастӣ тартиб дода шуда, ба он санадҳои алоҳида замима карда

мешаванд.

109. Хазинадор ҷойи кории худро то анҷоми коркарди пулҳои нақди ба

ӯ супурдашуда набояд тарк кунад. Агар ҷойи кориро тарк намудан хеле зарур

бошад, вазифадор аст ҳамаи пулҳои нақди барои бозшуморӣ қабулнамуда ва

ҳамчунин тамғаи инфиродӣ, муҳранбур ва клишеро ба воситаи инфиродии

нигоҳдории дороиҳо гузошта, онро бо калид маҳкам намояд. Муваққатан

ҷойи кориро тарк намудани хазинадор танҳо бо иҷозати нозир (мудир ѐ

сардори хазинаи бозшуморӣ) мумкин аст.

110. Баъди анҷоми бозшуморӣ пулҳои коғазӣ ва тангаҳое, ки аз онҳо

бастаҳо, дастаҳои пурра ва халтачаҳо мураттаб намудан имконнопазир аст,

пас аз имзо гузоштан дар китоби 0482155- “Китоби сабти дороиҳои

қабулшуда ва додашудаи хазинадорон” барои мураттаб намудан ба як ѐ

якчанд хазинадор супорида мешавад. Хазинадорҳо дастаҳоро варақ ба варақ

ва тангаҳоро дона-дона бозшуморӣ намуда қабул мекунанд.

111. Нозир (мудири хазинаи бозшуморӣ) аз хазинадорон бастаҳои

коркардашудаи пулҳои коғазиро аз рӯи навиштаҷоти рӯйбастҳо, халтачаҳои

тангаро аз рӯи навиштаҷоти барчаспҳо бо санҷиши миқдори дастаҳо, дуруст

будани бастабандӣ ва мавҷудияти мушаххасот қабул менамояд, барои қабули

онҳо дар феҳрист ѐ китоби 0482155- “Китоби сабти дороиҳои қабулшуда ва

додашудаи хазинадорон”-и хазинадор имзо мегузорад ва маблағи пули

қабулгардидаро дар китоби 0482155- “Китоби сабти дороиҳои қабулшуда ва

додашудаи хазинадорон” ба ҳар як хазинадор алоҳида менависад.

112. Нозир (мудири хазинаи бозшуморӣ) мутобиқати миқдори пулҳои

нақди баъди коркард воқеан аз тарафи ӯ гирифташударо бо маблағи барои

бозшуморӣ додашуда, бо дарназардошти санадҳои № 0482145-и дар давоми

рӯзи корӣ тартибдодашуда санҷиш мекунад. Нозир (мудири хазинаи

бозшуморӣ) санадҳои № 0482145-и дар давоми рӯзи корӣ тартибдодашударо

ба корманди амалиѐтӣ месупорад. Ин корманд дуруст тартиб додани

санадҳоро месанҷад ва ҳуҷҷатҳои воридоту хароҷоти хазинаро ба расмият

медарорад.

Нозир (мудири хазинаи бозшуморӣ) маблағи таҳти ҳисоб гирифтаашро

бо маблағи дар ҳуҷҷатҳои воридоту хароҷот бо бақияи воқеии пулҳои нақди

нишондодашуда муқоиса менамояд.

113. Бақияи истифоданашудаи пулҳои нақд, ки барои пур кардани

камомад, иваз намудани пулҳои нақди корношоям, шубҳанок ба нозир

(мудири хазинаи бозшуморӣ) дода шудаанд ва ҳуҷҷатҳои хазина, ки нусхаи

Page 25:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

25

якуми санади № 0482145 ба онҳо илова карда шудааст, аз тарафи нозир

(мудири хазинаи бозшуморӣ) баъди гузоштани имзо дар китоби №0482155

“Китоби сабти дороиҳои қабулшуда ва додашудаи хазинадорон” ба мудири

хазина супорида мешавад.

Нозир (мудири хазинаи бозшуморӣ) пулҳои нақди ба тартиби

муқарраршуда аз нав ҳисобгардида ва бастабандишударо якҷоя бо

маълумотнома ба хазинаи муомилот ба шахсони вазифадоре, ки масъули

нигоҳдории дороиҳо мебошанд, месупорад. Қабул баъди гузоштани имзо дар

китоби №0482155 “Китоби сабти дороиҳои қабулшуда ва додашудаи

хазинадорон” аз тарафи нозир (мудири хазинаи бозшуморӣ) аз рӯи бастаҳо,

дастаҳо ва навиштаҷоти барчаспи халтачаҳои танга амалӣ гардида, комил

будани бастабандӣ ва мавҷудияти мушаххасот санҷида мешавад. Шахсони

мазкур мутобиқати маблағи воқеии аз рӯи ҳар як арзиши пулҳои нақд

супоридашавандаро бо нишондоди маълумотнома дар бораи пулҳои нақди

коркарднамудаи хазинаи бозшуморӣ санҷида, онро ба имзо мерасонанд.

БОБИ 10. ТАШКИЛИ КОРИ ХАЗИНАҲОИ ХАРОҶОТ

114. Барои ба муштариѐн додани пулҳои нақд дар Бонки миллии

Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ хазинаҳои хароҷот ташкил

карда мешаванд.

115. Пулҳои нақд аз хазинаҳо танҳо дар бастабандии Бонки миллии

Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва корхонаҳои чопи пул дода

мешаванд. Пулҳои фарсудаи дар хазинаҳо мавҷудбуда ба муомилот

бароварда намешаванд.

Ҳамаи маблағҳои пулҳои нақди аз хазинаҳо додашуда аз рӯи хароҷоти

хазинаҳо ва ҳисобҳои муштариѐн дар рӯзи гузаронидани амалиѐт ба ҳисоб

гирифта мешавад.

116. Пулҳои нақд аз хазинаҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси

дархости ташкилотҳои қарзии молиявӣ, тибқи Фармоиши хаттии Роҳбарияти

Бонки миллии Тоҷикистон, ордери хароҷоти хазина ва рӯйхат хароҷот карда

мешаванд, аз хазинаҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи чекҳои пулӣ,

ордерҳои хароҷоти хазина, банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ бо

истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ дода мешаванд (Замимаи № 4

Дастурамали мазкур).

Дигар дороиҳо аз хазинаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилот,

муассиса, корхонаҳо новобаста аз шакли моликият –шахси ҳуқуқӣ (минбаъд

- муштарӣ) ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ тибқи Фармоиши хаттии

Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва ордери хароҷот дода мешаванд.

Page 26:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

26

117. Барои пардохти музди меҳнати кормандони ташкилотҳои қарзии

молиявӣ аз рӯи ордерҳои хароҷоти хазина, мувофиқи варақаҳои

(ведомостҳои) пардохт ва барои пардохти хароҷоти амалиѐтӣ аз рӯи

ордерҳои хароҷоти хазина пулҳои нақд дода мешавад.

118. Барои иҷрои амалиѐти хароҷот мудири хазина ба хазинадорони

хазинаҳои хароҷот таҳти ҳисоб баъди дар китоби 0482155- “Китоби сабти

дороиҳои қабулшуда ва додашудаи хазинадорон” имзо гузоштани онҳо

маблағи зарурии пулҳои нақдро медиҳад.

Барои додани музди меҳнати кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ

ба хазинадори хазинаи хароҷот дар асоси ордери хароҷоти хазина мумкин

аст ба муҳлати то се рӯзи корӣ пешпардохт (аванс) дода шавад.

119. Хазинадори хазинаи хароҷот аз мудири хазина бастаҳои пурра ва

нопурраро аз рӯи навиштаҷоти рӯйбастҳо қабул намуда, миқдори дастаҳоро

месанҷад, дастаҳои ҷудогонаи нопурраро варақ ба варақ бозшуморӣ намуда,

халтачаҳои нопурраи тангаро дона ба дона ҳисоб менамояд.

120. Баъди ба хазинадорон додани пулҳои нақд мудири хазина таҳти

назорати шахсони масъули вазифадори нигоҳдории дороиҳо мутобиқати

бақияи воқеии пулҳои нақди хазинаи муомилотро бо дарназардошти

маблағҳои додашуда бо маълумоти китоби 0482120-“Китоби қайди дороиҳои

хазинаи муомилот” аз рӯи ҳисобҳои тавозунӣ дар оғози рӯз санҷиш

менамояд.

121. Намояндаи муштарӣ чеки пулиро ба корманди амалиѐтӣ (муҳосиб)

пешниҳод менамояд, ин корманд баъди санҷиши лозимӣ маблағи чекро дар

дафтари хазинавӣ қайд намуда, маркаи назоратии чеки пулиро барои ба

хазина пешниҳод намудан ба шахси пулгиранда медиҳад.

122. Хазинадор чеки пулиро гирифта уҳдадор аст:

- мавҷудияти имзои шахсони вазифадори ташкилотҳои қарзии

молиявиро, ки чеки пулиро ба расмият даровардаанд, мутобиқати имзоҳоро

бо намунаҳои мавҷуда санҷиш намояд;

- маблағи дар чеки пулӣ бо рақамҳо навишташударо бо маблағи бо

ҳарфҳо навишташуда муқоиса намояд;

- дар чеки пулӣ мавҷуд будани имзои пулгиранда барои гирифтани

пулҳои нақд ва маълумоти шиноснома ѐ шаҳодатномаи шахсияти ӯро

тафтиш намояд;

- маблағи пули додашавандаро тайѐр намуда, онро дар навори назоратии

ҳисобрас инъикос намояд;

- пулгирандаро аз рӯи рақами чек даъват намуда, маблағи пули

гирифташавандаро пурсон шавад;

- рақами маркаи назоратии ба хазина пешниҳодшударо бо рақами чеки

пулӣ муқоиса намуда, маркаи назоратиро ба он ширеш намояд;

Page 27:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

27

- маблағи пули барои додан тайѐркардашударо дар ҳузури пулгиранда

бозшуморӣ намояд;

- аз пулгиранда пурсон шавад, ки вай маблағи пули гирифташударо

варақ ба варақ ѐ дона ба дона бозшуморӣ менамояд, ѐ не;

- пулҳои нақдро ба пулгиранда дода, ба чек имзо гузорад.

123. Муштарӣ ҳуқуқ дорад дар ҳуҷраи барои бозшумории пул

муқарраршуда пулҳои коғазии дар бастаҳои пурра ва нопурра

бастабандишударо варақ ба варақ, халтачаҳои пурра ва нопурраи тангаро

дона ба дона бозшуморӣ намояд. Ҳангоми ба бозшумории пулҳои нақди

гирифташуда хоҳиш доштани муштарӣ, муҳрҳои сурбӣ, нақшҳои клише аз

бастаҳои пулҳои коғазӣ ѐ халтачаҳои танга аз ҷониби хазинадори хазинаи

хароҷот канда намешаванд. Аз тарафи муштарӣ ба ҳуҷраи бозшуморӣ

бурдани пулҳои нақд ва аз нав ҳисоб кардани онҳо таҳти назорати яке аз

кормандони хазинавии Бонки миллии Тоҷикистон ѐ ташкилотҳои қарзии

молиявӣ амалӣ карда мешавад ва аз тарафи нозир муҳрҳои сурбӣ ѐ нақши

клише канда мешаванд.

124. Дар ҳолате, ки бастабандӣ осеб надида бошад, хазинадор пулҳои

коғазиро бо бастаҳои пурра ва нопурра ва бо дастаҳои пурраи пулҳои коғазӣ

аз рӯи маблағҳои дар рӯйбастҳо ва дастабандҳо нишондодашуда варақ ба

варақ, халтачаҳои тангаро дона ба дона ҳисоб накарда медиҳад.

Дастаҳои нопурра ва инчунин бастаҳои пулҳои коғазии бастабандии

осебдида аз тарафи хазинадор варақ ба варақ ѐ халтачаҳои танга дона ба дона

ҳисоб карда дода мешаванд.

125. Ҳангоми ба муштарӣ бо дастаҳо ѐ варақҳои алоҳида додани пулҳои

нақд, хазинадори хазинаи хароҷот бастаи пурраи бастабандии Бонки миллии

Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ѐ корхонаи чопи пулро пешакӣ

варақ ба варақ ѐ дона ба дона аз нав ҳисоб мекунад.

126. Ҳангоми иҷрои амалиѐти хароҷот ба хазинадор манъ аст:

- бо хоҳиши муштарӣ иваз намудани пулҳои нақди як арзиши номиналӣ

ба арзиши номиналии дигари он;

- дар як вақт аз рӯи ду ѐ якчанд чекҳои пулӣ додани пулҳои нақд;

- амалиѐте, ки мувофиқи онҳо муштарӣ пулҳои нақдро насупорида, дар

як вақт чеки пулӣ ва иттилоия барои супоридани пулҳои нақдро пешниҳод

менамояд.

127. Пулгиранда (муштарӣ) аз хазина дур нарафта, дар ҳуҷраи

бозшуморӣ, дар ҳузури нозири хазинаи хароҷот бастаҳои пурра ва

нопурраро аз рӯи миқдори баста ва дастаҳои онҳо, даста ва варақҳои

алоҳидаро варақ ба варақ, тангаро бошад аз рӯи миқдори халтачаҳо ва

маблағи дар барчасп нишондодашуда аз нав ҳисоб карда, санҷиш менамояд.

Page 28:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

28

128. Ҳангоми бозшумории варақ ба варақи (дона-донаи) пулҳои нақд аз

тарафи муштарӣ рӯйбастҳои болоиву поѐнӣ, бастабандиҳо, ресмонҳо бо

муҳри сурбӣ, лӯлаи полиэтиленӣ, барчаспи халтачаҳо то анҷоми

бозшумории ҳамаи бастаҳои пулҳои коғазӣ ва халтачаҳои танга нигоҳ дошта

мешаванд.

129. Камомад, бешомад, пулҳои коғазӣ ва тангаҳои корношоям ѐ

шубҳанок, ки ҳангоми бозшумории пулҳои коғазӣ ѐ тангаҳои додашуда

ошкор гардидаанд, бо тартиби дар боби 14 Дастурамали мазкур

муқарраршуда ба расмият дароварда мешаванд.

130. Шикоят дар бораи камомад, ошкор гардидани пулҳои нақди

корношоям ва қалбакӣ қонеъ гардонида намешавад, агар пулҳои нақд аз

тарафи муштарӣ дар ҳузури корманди хазинавии махсус ҷудокардашуда дар

Бонки миллии Тоҷикистон ѐ ташкилоти қарзии молиявӣ бозшуморӣ

нагардида бошад. Дар ин хусус дар ҷои намоѐн дар назди хазина эълон

овехта мешавад.

131. Дар анҷоми рӯзи амалиѐтӣ хазинадор миқдор ва маблағи ҳуҷҷатҳои

пардохташуда ва бақияи маблағи таҳти ҳисобро, ки бо имзо ба мудири хазина

супорида мешавад, дар китоби 0482155 “Китоби сабти дороиҳои қабулшуда

ва додашудаи хазинадорон” менависад, маблағи таҳти ҳисоб қабулгардидаро

бо маблағи дар ҳуҷҷатҳои хароҷот ва навори назоратии ҳисобрас

нишондодашуда ва инчунин бо бақияи воқеии пулҳо муқоиса намуда, баъд аз

ин маълумотнома (Замимаи №10 Дастурамали мазкур) тартиб дода, онро ба

имзо мерасонад ва гардишҳои хазинавии дар он овардашударо бо сабтҳои

дафтарҳои хазинавии кормандони амалиѐтӣ муқоиса менамояд. Муқоиса бо

имзои хазинадор дар дафтарҳои хазинавӣ ва имзои кормандони амалиѐтӣ дар

маълумотномаи хазинадор ба расмият дароварда мешавад. Дар Бонки миллии

Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ки амалиѐти хароҷот аз тарафи

мудири хазина иҷро карда мешавад, маълумотнома тартиб дода намешавад

ва гардиши хазина, хароҷоти хазина ба маълумотномаи ҷамъбастӣ (Замимаи

№11 Дастурамали мазкур) дохил карда мешавад.

Ҳангоми иҷрои амалиѐт доир ба қабул ва додани пулҳои нақд аз ҷониби

як хазинадор фақат маълумотномаи ҷамъбастӣ тартиб дода мешавад.

132. Бақияи пулҳои нақди ба тартиби муқарраргардида мураттаб ва

бастабандишуда, ҳуҷҷатҳои якрӯзаи хароҷоти хазина, маълумотномаи ба он

навори назоратии ҳисобрас иловагардидаро хазинадор баъди имзо дар китоби

0482155- “Китоби сабти дороиҳои қабулшуда ва додашудаи хазинадорон” ба

мудири хазина месупорад. Мудири хазина дуруст тартиб додани

маълумотнома, мутобиқати бақияи воқеии пулҳои нақдро бо далелҳои

маълумоти маълумотномаи № 0482110 тафтиш мекунад ва онро ба имзо

мерасонад.

Page 29:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

29

133. Баробари анҷоми рӯзи корӣ хазинадор бақияи пешпардохте, ки

барои додани музди кори кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва ѐ

ташкилотҳои қарзии молиявӣ гирифта шудааст, бо тартиби муқарраршуда

пулҳои коғазиро бо дастаҳо ва бастаҳо ва тангаҳоро бо халтачаҳои пурра ва

нопурраи гуногунарзиш мураттаб намуда, ба мудири хазина бо имзо дар

китоби 0482155- “Китоби сабти дороиҳои қабулшуда ва додашудаи

хазинадорон” месупорад.

134. Баробари анҷоми се рӯзи корӣ аз рӯзи додани пешпардохт мудири

хазина бақияи истифоданагардидаи бо тартиби муқарраршуда дар бастаҳои

пурра, нопурра ва омехта мураттабгардида ва бастабандишударо дар асоси

ордери воридоти хазина қабул менамояд.

135. Ташкилотҳои қарзии молиявии низоми автоматишудаи бонкӣ

дошта, ҳангоми гузаронидани амалиѐтҳои хазинавии хароҷотӣ бо истифодаи

ин низом иҷрои вазифаҳои амалиѐтгар ва хазинадорро ба як нафар корманд

вогузор мекунанд ва метавонанд хизматрасонии муштариѐнро аз як равзана

ба роҳ монанд.

Шакли ягонаи назорат ҳангоми анҷомдиҳии амалиѐтҳои хазинавии

хароҷотӣ тавассути назорати электронии ҳуҷҷатҳо, мутобиқи тартиби

низоми дохилии ташкилотҳои қарзии молиявӣ муайян карда мешавад.

БОБИ 11. ТАШКИЛИ КОРИ ХАЗИНАИ БЕГОҲӢ ВА ШАБОНА ДАР

ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗИИ МОЛИЯВӢ

136. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ метавонанд қабули пулҳои нақди

муштариѐнро пас аз анҷоми рӯзи амалиѐтӣ тавассути хазинаҳои бегоҳӣ ва

шабона, инчунин амалиѐтҳои хароҷотӣ бо воҳидҳои сохтории зертобеи

худро вобаста ба ҳамлу нақли дороиҳо ва мубодилаи асъор амалӣ намоянд.

137. Тартиби анҷом додани амалиѐт бо хазинаҳои бегоҳӣ ва шабона

бояд тибқи тартиби дохилии ташкилотҳои қарзии молиявӣ тасдиқ гардида,

ба талаботҳои Дастурамали мазкур ҷавобгӯ бошад.

БОБИ 12. ТАШКИЛИ КОР БО ПУЛҲОИ НАҚДИ КОРНОШОЯМ,

ҚАЛБАКӢ ВА ШУБҲАНОК

138. Хазинадорони хазинаи Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои

қарзии молиявӣ уҳдадоранд ҳангоми варақ ба варақ, дона ба дона

бозшуморӣ намудани пулҳои коғазӣ ва тангаҳо, коршоямии онҳоро назорат

намоянд.

Назорат аз болои коршоямии пулҳои нақд мутобиқи санадҳои меъѐрии

ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Page 30:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

30

139. Ҳангоми бозшумории пулҳои нақд хазинадор пулҳои аслият ѐ

коршоямиашон шубҳанокро ҷудо карда, ба нозир ѐ мудири хазина

месупорад, онҳо дар навбати худ ин пулҳоро барои муоина (экспертиза) ба

воҳиди сохтории дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон мефиристонанд.

140. Пулҳои коғазӣ ва тангаҳои фарсуда, инчунин пулҳои нақде, ки

дорои нуқсонҳои корхонаҳои истеҳсоли пул мебошанд, навъбандӣ карда

мешаванд ва ба муомилот бароварда намешаванд.

141. Ба кормандони хазинавӣ манъ аст:

- ба муштариѐн баргардонидани пулҳои нақде, ки дар аслияти онҳо

шубҳа ҷой дорад, ѐ пулҳои нақде, ки дорои аломатҳои қалбакӣ мебошанд;

- то гузаронидани муоинаи пулҳои нақд бо роҳи гузоштани тамға, муҳр,

сӯрох кардан ѐ бо тарзи дигар ботил кардани пулҳои коғазии аслияташон

шубҳанок.

142. Хазинадорҳо аз назорати коршоямии пулҳои коғазӣ ва тангаҳои бо

ѐрии мошинҳои ҳисоби пул бозшуморидашуда озод нестанд ва дар ҳолати

дар бастаҳои мураттабнамуда ва халтачаҳои тангаи онҳо ошкор гардидани

пулҳои нақди корношоям ѐ қалбакӣ ҷавобгарии пурраи моддӣ ба зимма

доранд.

Хазинадорҳое, ки ҳангоми бозшумории варақ ба варақ ѐ дона ба донаи

пулҳои коғазӣ ва ѐ тангаҳо, корношоямӣ ва қалбакии онҳоро ошкор

накардаанд, барои ҳамаи маблағи пулҳои нақди корношоям ва қалбакии

қабулгардида ѐ ивазшуда ҷавобгарии пурраи моддӣ ба зимма доранд.

143. Дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ муоинаи пулҳои нақдро мудири

хазина амалӣ менамояд, вале ҳуқуқи додани хулосаи хаттӣ оид ба муоинаи

пулҳои нақдро танҳо воҳиди сохтории дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон

дода метавонад. Муоинаи коршоямии пулҳои нақди шубҳанок дар рӯзи

ошкор гардидан ѐ ба муоина супоридани онҳо анҷом дода мешавад.

Ҳангоми муоинаи пулҳои нақди шубҳанок воситаҳои техникии муоинаи

пул истифода мегарданд. Дар асоси муоинаи гузаронидашуда мудири хазина

(муоинагар), ки муоинаро ба анҷом расонидааст, санади муоина тибқи

Замимаи № 12 Дастурамали мазкур тартиб медиҳад.

144. Ҳангоми дар хазинаҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва воҳидҳои

сохтори онҳо ошкор шудани пулҳои нақди корношоям, вале аслӣ, мудири

хазина дар пулҳои коғазӣ муҳри «корношоям» гузошта, ташкилоти қарзии

молиявӣ, сана, ному насабро нишон медиҳад ва имзо мегузорад.

Пулҳои коғазии корношоям бо гузоштани тамғаи “корношоям” ба

муштарӣ баргардонида мешаванд.

Пулҳои нақде, ки дар коршоямии онҳо шубҳа ҷой дорад, мавриди

муоина қарор дода мешаванд. Муоинаро дар ҳузури муштарӣ гузаронидан

мумкин аст.

Page 31:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

31

Агар барои гузаронидани муоинаи пулҳои нақд таҳқиқи махсус талаб

карда шавад, ба муштарӣ расид дар бораи қабули пулҳои коғазӣ аз рӯи

номинал барои муоина бо қайди силсила ва рақам дода мешавад.

Пулҳои нақди аслияташон шубҳанокро якҷоя бо расиди аввал ба

расмият даровардашудаи иттилоияи пардохт ѐ нусхаи ордери воридоти

хазина хазинадор барои гузаронидани муоина баъди имзо намудан дар

китоби 0482155- “Китоби сабти дороиҳои қабулшуда ва додашудаи

хазинадорон” ба мудири хазина (муоинагар) месупорад. Агар муоина

коршоямии пулҳои нақдро тасдиқ намояд, санади муоина дар ду нусха

тартиб дода шуда, дар пулҳои коғазӣ тамғаи «коршоям» бо нишон додани

номи ташкилоти қарзии молиявӣ, сана, ному насаб ва имзои мудири хазина,

ки муоинаро амалӣ намудааст, гузошта мешаванд.

Дар асоси санади муоина ордери воридоти хазина навишта мешавад,

маблағи пулҳои ивазгардида ба хазинаи муомилот ва ба ҳисоби муштарӣ

ворид карда мешавад. Нусхаи якуми санади муоина ба муштарӣ супорида

мешавад. Нусхаи дуюми санад якҷоя бо расиди аввал ба расмият

даровардашудаи иттилоияи пардохт ѐ нусхаи ордери воридот дар ташкилоти

қарзии молиявӣ боқӣ мемонад ва дар ҳуҷҷатҳои хазинавии рӯз гузошта

мешавад. Пулҳои нақди ивазшуда ба гурӯҳи пулҳои фарсуда гузаронида

шуда, аз рӯи арзиш ҷамъ карда мешаванд ва дар хазинаи муомилоти

ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз пулҳои нақди дигар на зиѐда аз як соли

тақвимӣ ҷудо нигоҳ дошта мешаванд.

Аз рӯи ҳаҷми ҷамъ шуданашон пулҳои нақди мазкур ба Хазинаи

марказӣ фиристода мешаванд.

145. Агар муоина пулҳои нақдро аслӣ, вале корношоям муайян намояд,

дар асоси санади муоина, ки дар ду нусха тартиб дода мешавад, дар пулҳои

коғазӣ муҳр бо навиштаҷоти «корношоям» гузошта шуда, мушаххасоти дар

банди 144 Дастурамали мазкур пешбинишуда нишон дода мешавад. Нусхаи

якуми санади муоина ба муштарӣ супорида мешавад, нусхаи дуюми он дар

ҳуҷҷатҳои хазинавии рӯз боқӣ мемонад. Пулҳои нақди корношоям дар

ҳисоби дахлдори дар муросилот бо ҳисоби мутақобилаи дахлдори

ғайритавозунӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Ба муштарӣ баргардонидани пулҳои нақди мазкур баъди имзо намудан

дар ордери хароҷоти хазинавии ҳисоби ғайритавозунӣ амалӣ карда мешавад,

дар ин маврид расиди қаблан ба муштарӣ додашуда бозпас гирифта мешавад.

146. Агар муоина пулҳои нақдро қалбакӣ муайян намояд, санади муоина

дар се нусха тартиб дода мешавад ва дар пулҳои коғазӣ тамғаи «қалбакӣ»

гузошта мешавад. Ташкилоти қарзии молиявӣ фавран ба воситаи алоқа дар

ин хусус ба мақомоти корҳои дохилии макони гузаронидани муоина хабар

медиҳад. Нусхаи якуми санад ба муштарӣ дода мешавад. Дар асоси нусхаи

Page 32:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

32

дуюми санад пулҳои нақди номбурда дар ҳисоби дахлдор дар муросилот бо

ҳисоби мутақобилаи дахлдор аз рӯи арзиш ба ҳисоб гирифта мешаванд. Дар

охири рӯз нусхаи зикршудаи санад якҷоя бо расиди иттилоияи аввал ба

расмият даровардашуда дар ҳуҷҷатҳои хазинавии рӯз гузошта мешаванд.

Нусхаи сеюми санад ба мақомоти корҳои дохилии маҳалли ҷойгиршавии

ташкилоти қарзии молиявӣ фиристода мешавад.

147. Супоридани пулҳои нақди қалбакӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ дар

ташкилоти қарзии молиявӣ ба корманди мақомоти корҳои дохилӣ аз рӯи

санади супоридани пулҳои қалбакӣ, ки дар ду нусха таҳия мегардад, анҷом

дода мешавад (Замимаи № 13 Дастурамали мазкур).

Нусхаи дуюми санад барои аз ҳисоби ғайритавозунӣ хориҷ намудани

пулҳои нақди ба мақомоти корҳои дохилӣ супоридашуда асос мебошад ва

дар охири рӯз дар ҳуҷҷатҳои хазинавии рӯз дӯхта мешавад.

148. Дар хусуси ошкор шудани пулҳои нақди аслияташон шубҳанок ва

қалбакие, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ супорида шудаанд, ба Бонки

миллии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда мешавад.

149. Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилоти қарзии молиявӣ пулҳои

нақди шубҳаноки муштариѐнро (шаҳрвандонро) барои муоина бояд қабул

намоянд. Дар ин маврид муштарӣ ариза менависад, ки дар он маблағи пулҳои

нақди барои муоина супоридашаванда, арзиш, силсила ва рақамҳо нишон

дода мешавад. Ба муштарӣ расид дода мешавад. Тартиби кор бо пулҳои

нақди номбурда ва инъикос дар ҳисобдории муҳосибавӣ аз рӯи тартиби дар

бандҳои 144-146 Дастурамали мазкур нишондодашуда амалӣ мегардад.

150. Ҳангоми дар хазинаи бозшуморӣ дар раванди коркарди пулҳои

нақди аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ қабулгардида ошкор намудани пулҳои

нақди корношоям ва аслияташон шубҳанок, тибқи тартиби дар банди 180

Дастурамали мазкур пешбинишуда санади № 0482145 тартиб дода шуда,

силсила ва рақами ҳар як пули коғазӣ ва маблағ нишон дода мешавад. Баста ѐ

халтачаҳои тангаеро, ки дар онҳо пулҳои нақди корношоям ва аслияташон

шубҳанок ошкор гардидааст, нозир аз маблағи зерҳисоби гирифтааш пур

менамояд.

Пулҳои нақди аслияташон шубҳанок якҷоя бо санади №0482145 баъди

имзо намудан дар китоби нозир шакли №0482155- “Китоби сабти дороиҳои

қабулшуда ва додашудаи хазинадорон” барои гузаронидани муоина ба

мудири хазина супорида мешаванд.

Маблағи пулҳои нақди корношоям дар асоси санади № 0482145 аз

суратҳисоби муросилотии ташкилоти қарзии молиявӣ ситонида мешавад.

Ҳамзамон пулҳои нақди корношоям дар ҳисоби 91301 “Ҳуҷҷатҳо барои

нигоҳдорӣ”-и ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ҳисоби 91303 “Ҳуҷҷатҳои

Бонки миллии Тоҷикистон барои нигоҳдорӣ” дар Бонки миллии Тоҷикистон

Page 33:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

33

дар муросилот бо ҳисоби мутақобилаи он бо арзиши ҳар як варақи пулҳои

коғазӣ ва ҳар як дона тангаҳо бо арзиши шартии 1 сомонӣ ба ҳисоб гирифта

мешаванд.

151. Агар дар натиҷаи муоинаи пулҳои нақди аслияташон шубҳаноки

дар хазинаи бозшуморӣ ошкоргардида муайян карда шавад, ки пулҳои нақд

дорои нишонаҳои қалбакӣ нестанд, вале корношоям мебошанд, санади

муоина дар ду нусха тартиб дода мешавад, дар пулҳои коғазӣ тамғаи

«корношоям» гузошта шуда, мушаххасоти дар банди 144 Дастурамали

мазкур пешбинишуда нишон дода мешавад. Нусхаи якуми санади муоина ва

санади № 0482145 якҷоя бо пулҳои нақди корношоям ва мушаххасоти ба

онҳо иловагардидаи маводи бастабандии баста ба муштарӣ дода мешаванд.

Нусхаи дуюми санади муоина якҷоя бо нусхаи дуюми санади № 0482145 дар

ташкилоти қарзии молиявӣ боқӣ мемонад ва барои аз ҳисоби муросилотии

дар муросилот бо ҳисоби хазинаи муомилот хориҷ намудани маблағи пулҳои

нақди корношоям ва ҳамчунин барои то ба муштарӣ супоридан бо

қиматгузорӣ аз рӯи арзиш ба ҳисоби дахлдор дар муросилот бо ҳисоби

дахлдор ворид намудани пулҳои нақди корношоям асос мебошад. Пулҳои

нақди корношоям баъди имзо дар ордери хароҷоти хазина аз рӯи ҳисоби

дахлдор дар муросилот бо ҳисоби дахлдор ба муштарӣ баргардонида

мешаванд.

152. Агар пулҳои нақди аз хазинаи бозшуморӣ барои муоина

воридгардида қалбакӣ дониста шаванд, санади муоина дар се нусха тартиб

дода мешавад. Нусхаи якуми санади муоина якҷоя бо нусхаи якуми санади

№0482145 ва маводи бастабандӣ, ки ба онҳо илова гардидааст, ба муштарӣ

фиристода мешавад. Нусхаи дуюми санади муоина бо нусхаи дуюми

иловагардидаи санади №0482145 дар ҳуҷҷатҳои хазинавии рӯз дӯхта

мешавад. Дар пулҳои коғазӣ муҳр бо навиштаҷоти «қалбакӣ» гузошта

мешавад. Дар асоси санади муоина маблағи пулҳои коғазии қалбакӣ аз

ҳисоби муросилотии муштарӣ дар муросилот бо ҳисоби хазинаи муомилот

хориҷ карда мешавад. Дар баробари ин пулҳои қалбакӣ то ба мақомоти

корҳои дохилӣ супоридани онҳо аз рӯи арзиш ба ҳисоби дахлдор ворид

карда мешаванд.

Нусхаи сеюми санади муоина ба мақомоти корҳои дохилии макони

гузаронидани муоина фиристода мешавад.

Ба мақомоти корҳои дохилӣ супоридани пулҳои қалбакӣ бо тартиби дар

банди 147 Дастурамали мазкур пешбинишуда амалӣ карда мешавад.

153. Мудири хазинаи ташкилоти қарзии молиявӣ оид ба ҳар як ҳодисаи

ошкор гардидани пулҳои қалбакӣ дар ду нусха хабарнома дар бораи пулҳои

қалбакӣ тартиб медиҳад, ки нусхаи якуми он ба воҳиди сохтории дахлдори

Page 34:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

34

Бонки миллии Тоҷикистон фиристода мешавад ва нусхаи дуюм дар

ташкилоти қарзии молиявӣ боқӣ мемонад.

154. Агар муоина коршоямии пулҳои нақди аслияташон шубҳаноки дар

хазинаи бозшуморӣ ошкоргардидаро эътироф намояд, санади муоина дар ду

нусха тартиб дода мешавад. Дар пулҳои коғазӣ тамғаи «коршоям» бо нишон

додани ташкилоти қарзии молиявӣ, сана, номи хонаводагӣ ва имзои мудири

хазина, ки муоинаро ба анҷом расонидааст, гузошта мешавад. Пулҳои нақд

бо тартиби дар банди 144 Дастурамали мазкур пешбинишуда нигоҳдорӣ

карда мешаванд.

155. Дар ҳолати душвор будани муайянсозии коршоямии пулҳои коғазӣ

ва тангаҳо дар ташкилоти қарзии молиявӣ, онҳо на дертар аз рӯзи дигари

корӣ аз лаҳзаи гузаронидани муоина ба воҳиди сохтории дахлдори Бонки

миллии Тоҷикистон фиристода мешаванд.

Дар ин ҳолат дар асоси санади муоина, ки пулҳои нақд муоинаи

минбаъдаро талаб менамояд, онҳо аз ҳисоби муросилотии муштарӣ дар

муросилот бо ҳисоби хазинаи муомилот хориҷ карда мешаванд. Ҳамзамон бо

қиматгузорӣ аз рӯи арзиш дар муросилот бо ҳисоби дахлдор ба ҳисоби

дахлдор ворид карда мешаванд. Ҳангоми фиристодан пулҳои мазкур дар

муросилот бо ҳисоби дахлдор бо қиматгузорӣ аз рӯи арзиш ба ҳисоби

дахлдор дохил ва ҳамзамон аз ҳисоби дахлдор хориҷ карда мешаванд.

Рӯйхати пулҳои нақди аслияташон шубҳанок (Замимаи № 14

Дастурамали мазкур) дар се нусха тартиб дода мешавад. Агар онҳо ба

воситаи пулрасонҳо ба воҳиди сохтории дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон

фиристода шаванд, нусхаҳои якум ва дуюм ба пулрасонҳо дода мешавад,

вале агар ин амалиѐт ба воситаи почта анҷом дода шавад, нусхаҳои якум ва

дуюми рӯйхат бо пулҳо дар равонак (посилка) гузошта мешаванд. Нусхаи

сеюми рӯйхат ба ҳуҷҷатҳои хазинавии рӯз дӯхта мешавад.

156. Дар Хазинаи марказӣ пулҳои барои муоина фиристодашуда дар

ҳисоби ғайритавозунии 91303 “Ҳуҷҷатҳои Бонки миллии Тоҷикистон барои

нигоҳдорӣ” дар муросилот ба ҳисоби дахлдор бо арзиши ҳар як варақи пули

коғазӣ ѐ ҳар як танга 1 сомонӣ дохил карда мешаванд.

Мутахассиси муоинаи воҳиди сохтории дахлдори Бонки миллии

Тоҷикистон муоинаи пулҳои нақди аслияташон шубҳаноки

фиристодашударо дар давоми ду рӯзи кории барои муоина ворид гардидани

онҳо амалӣ менамояд. Аз рӯи натиҷаҳои муоинаи анҷомдодашуда санади

муоина тартиб дода мешавад.

157. Агар муоина муайян намояд, ки пулҳои нақди фиристодашуда

корношоям мебошанд, аз рӯи натиҷаҳои муоина дар се нусха санад тартиб

дода мешавад, ки аз онҳо нусхаи якум ва сеюм ба ташкилоти қарзии

молиявие, ки пулҳои нақдро барои муоина фиристодааст, ирсол мегардад,

Page 35:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

35

нусхаи дуюм дар Хазинаи марказӣ боқӣ мемонад ва барои аз ҳисоби 91303

“Ҳуҷҷатҳои Бонки миллии Тоҷикистон барои нигоҳдорӣ” хориҷ намудани

арзиши шартии пулҳои нақд истифода мешавад. Дар пулҳои коғазӣ тамғаи

“корношоям” гузошта шуда, сана, ному насаб ва имзои мутахассиси муоина

нишон дода мешавад. Пулҳои нақди мубодилашуда ба тартиби дар банди 144

Дастурамали мазкур пешбинишуда дар хазинаи муомилот нигоҳдорӣ карда

мешаванд.

158. Дар Хазинаи марказӣ маблағи пулҳои коғазии аз муоина гузаштаи

коршоям ба ҳисоби 10101 «Пули нақди хазина - пулҳои коғазии Бонки

миллии Тоҷикистон», тангаҳо ба ҳисоби 10105 “Пули нақди хазина –

тангаҳои Бонки миллии Тоҷикистон» дар муросилот бо ҳисоби муросилотии

ташкилоти қарзии молиявӣ ворид карда шуда, ҳамзамон аз ҳисоби 91303

“Ҳуҷҷатҳои Бонки миллии Тоҷикистон барои нигоҳдорӣ” хориҷ карда

мешавад.

Дар асоси супоришномаи пардохтӣ дар ташкилоти қарзии молиявӣ

маблағи пулҳои нақди муоинашуда ба ҳисоби муштарӣ ворид карда

мешаванд. Ҳамзамон маблағи пулҳои нақди муоинагардида аз ҳисоби

ғайритавозунӣ хориҷ карда мешаванд.

159. Бо гирифтани санади муоина дар Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои

нақди корношоям аз ҳисоби ғайритавозунӣ хориҷ карда мешаванд ва аз рӯи

арзиш ба ҳисоби 91303 “Ҳуҷҷатҳои Бонки миллии Тоҷикистон барои

нигоҳдорӣ” ворид карда шуда, то ба муштарӣ додани онҳо ба ҳисоб гирифта

мешаванд.

Тасдиқнома дар бораи гирифтани пулҳои нақди корношоям ба Хазинаи

марказӣ фиристода мешавад, ки дар асоси он пулҳои мазкур аз ҳисоби

дахлдор хориҷ карда мешаванд.

Нусхаи якуми санади муоина якҷоя бо пулҳои нақди номбурда тибқи

тартиби дар банди 144 Дастурамали мазкур муқарраршуда ба муштарӣ

супорида мешавад.

160. Дар ҳолати ошкор гардидани он, ки пулҳои нақди фиристодашуда

қалбакӣ мебошанд, дар чор нусха санади муоина тартиб дода шуда, дар

пулҳои коғазӣ тамға бо навиштаҷоти “қалбакӣ” гузошта мешавад. Нусхаҳои

якум ва сеюми санади муоина ба ташкилоти қарзии молиявие, ки пулҳои

нақдро барои муоина фиристодааст, ирсол мегардад, нусхаи дуюм дар

Хазинаи марказӣ нигоҳ дошта мешавад, нусхаи чорум ба мақомоти корҳои

дохилии макони ошкоргардида фиристода мешавад.

Пулҳои нақди қалбакӣ аз рӯи тартиби пешбиникардаи банди 147

Дастурамали мазкур ба мақомоти корҳои дохилӣ супорида мешаванд.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар

асоси санади муоинаи гирифташуда пулҳои нақди қалбакӣ аз ҳисоби дахлдор

Page 36:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

36

хориҷ карда мешаванд. Нусхаи якуми санад ба муштарӣ дода мешавад,

нусхаи сеюм дар ҳуҷҷатҳои рӯз дӯхта мешавад.

161. Пулҳои коғазӣ ва тангаҳои табдилшудае, ки ба Хазинаи марказӣ

фиристода мешаванд, аз тарафи мудири хазина дар халта ва ѐ халтача ҷой

карда шуда бастабандӣ карда мешаванд. Даҳони халта ва ѐ халтача якҷоя бо

барчаспи аз матоъ дӯхташуда, бо ресмон маҳкам баста мешавад. Дар барчасп

нишон дода мешавад: номи ташкилоти қарзии молиявӣ, сана, маблағ, имзо ва

тамғаи шахсӣ. Халта ва ѐ халтача аз ҷониби мудири хазина бо муҳри сурбӣ

маҳкам карда мешавад.

162. Ҳангоми ирсол маблағи пулҳои коғазӣ ва тангаҳои табдилшуда дар

ташкилоти қарзии молиявӣ аз ҳисоби хазинаи муомилот хориҷ ва ба

ҳисобҳои дахлдор ворид карда мешавад.

163. Дар Хазинаи марказӣ пулҳои нақди табдилшуда ба хазинаи

муомилот ворид карда мешаванд ва худи ҳамон рӯз ба маблағи пулҳои нақди

гирифташуда ба суратҳисоби муросилотии ташкилоти қарзии молиявӣ

гузаронида мешаванд. Мувофиқи тартиби назорати минбаъда мутахассиси

муоинаи воҳиди сохтории дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми

10 рӯзи тақвимӣ дуруст табдил шудани пулҳои нақдро санҷиш мекунад.

164. Дар хусуси пулҳои коғазӣ ва тангаҳои нодуруст табдилшуда, ки

мутахассиси муоина ошкор намудааст, дар ду нусха санади муоина тартиб

дода мешавад, ки нусхаи якуми он якҷоя бо маводи бастабандие, ки пулҳои

коғазӣ ва тангаҳои мазкур дар он ошкор карда шудаанд, ба ташкилоти қарзии

молиявӣ фиристода мешавад. Пулҳои нақди нодуруст табдилшуда низ ба

ташкилоти қарзии молиявӣ баргардонида мешаванд. Нусхаи дуюми санади

муоина дар Хазинаи марказӣ боқӣ мемонад.

Маблағи пулҳои коғазӣ ва тангаҳои нодуруст табдилшуда аз рӯи

ҳисобномаи ташкилоти қарзии молиявӣ ба ҳисоби дахлдор дохил карда

мешавад.

165. Дар ташкилоти қарзии молиявӣ баъди гирифтани супоришномаи

пардохтӣ маблағи пулҳои нақди табдилшуда дар муросилот ба ҳисоби

муросилотии муштарӣ аз ҳисобҳои дахлдор хориҷ карда мешавад.

Дар асоси санади муоина маблағи пулҳои нақди нодуруст табдилшуда

аз рӯи ҳисобномаи корманди хазинавие, ки дар бораи табдил қарор қабул

намудааст, ба ҳисоби дахлдор бурда мешавад.

166. Роҳбари ташкилоти қарзии молиявӣ уҳдадор аст, ки санади

муоинаи аз воҳиди сохтории дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон

воридгаштаро ба таври дақиқ баррасӣ намояд ва ба тартиби муқарраршуда

барои пӯшонидани камомаде, ки дар натиҷаи табдили нодурусти пулҳои

Page 37:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

37

коғазӣ ва тангаҳо ба вуҷуд омадааст ва инчунин барои баланд бардоштани

сифати кор бо пулҳои нақди аслияташон шубҳанок чораҳои зарурӣ андешад.

Маблағи пулҳои нақди нодуруст табдилшударо ба хазинаи ташкилоти

қарзии молиявӣ ворид намуда, ба Хазинаи марказӣ тасдиқнома ирсол карда

мешавад.

167. Пулҳои нақди аслияташон шубҳаноки аз муштарӣ қабулгардида ва

ҳангоми коркарди пулҳои нақди воридшуда ошкоргардида, ки аз тарафи

мудири хазинаи Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилоти қарзии молиявӣ

дар натиҷаи гузаронидани муоина нуқсони корхонаҳои истеҳсоли пул

дониста шудаанд, бо пулҳои нақди коршоями хазинаи муомилот иваз карда

мешаванд. Дар санади муоина намуди нуқсони пулҳои нақд нишон дода

мешавад.

Маблағи пулҳои нақди табдилшуда аз ҳисоби хазинаи муомилот ба

ҳисобҳои дахлдор бурда мешаванд.

Дар шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилоти

қарзии молиявӣ пулҳои нуқсондори воридшуда ҷамъоварӣ гардида, давра ба

давра ба Хазинаи марказӣ ирсол мегарданд.

Дар ин ҳолат маблағи пулҳои нақди нуқсондори ирсолгардида ба

ҳисобҳои дахлдор ворид карда мешавад.

168. Дар Хазинаи марказӣ пулҳои нақди нуқсондори аз шуъбаҳои

минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилоти қарзии молиявӣ

гирифташуда ба ҳисоби дахлдор ворид карда мешаванд ва ба нишонии

шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилоти қарзии

молиявӣ тасдиқнома дар бораи гирифтани пулҳои нақд ирсол мегардад, ки

дар асоси он ташкилоти қарзии молиявӣ маблағи пулҳои нақди нуқсондорро

аз ҳисоби дахлдор хориҷ менамояд. Мутахассиси муоинаи воҳиди сохтории

дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои нақди нуқсондорро муоина

мекунад ва дар бораи дурустии нуқсони корхонаҳои истеҳсоли пул дониста

шудани пулҳо хулоса медиҳад. Маблағи пулҳои нақди нуқсондор ба ҳисоби

дахлдор ворид карда мешавад.

Ба нишонии ташкилоти қарзии молиявии пулҳои нақди мазкурро

ирсолнамуда супоришномаи пардохтии кредитӣ фиристода мешавад, ки дар

асоси он маблағи пулҳои нақди нуқсондор дар Бонки миллии Тоҷикистон аз

ҳисоби дахлдор хориҷ карда мешавад.

Пулҳои дорои нуқсонҳои истеҳсолӣ алоҳида нигоҳдорӣ мешаванд.

БОБИ 13. ТАРТИБИ МУРАТТАБСОЗӢ ВА БАСТАБАНДИИ

ПУЛҲОИ КОҒАЗӢ ВА ТАНГАҲО

169. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ

тартиби ягонаи мураттабсозӣ ва бастабандии пули коғазӣ ва тангаҳо

Page 38:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

38

истифода мешавад. Пулҳои коғазӣ ва тангаҳо аз рӯи арзиш ба коршоям ва

фарсуда аз ҷониби хазинадорон ҷудогона мураттаб карда мешаванд.

170. Ҳар як 100 варақ пулҳои коғазии арзишашон якхела ба дастаҳо

мураттаб карда мешаванд ва ба тарзи салибӣ ѐ ҳалқавӣ дастабандӣ

мегарданд. Дастабандии (бандерол) намунаи муқарраршуда дорои чунин

мушаххасот мебошад: навиштаҷоти «Пулҳои коғазии Бонки миллии

Тоҷикистон», маблағ, миқдор ва арзиши пулҳои коғазӣ. Баъди дастабандӣ

намудани пулҳои коғазӣ дар дастабандиҳо нишон дода мешавад: номи

ташкилоти қарзии молиявӣ, сана, имзо ва тамғаи хусусии хазинадоре, ки

бозшуморӣ ва навъбандии пулҳои коғазиро анҷом додааст.

171. Ҳар 10 дастаи арзишашон якхела ба бастаи пурраи 1000 варақа, ки

бо рӯйбаст ва зербасти картонӣ таъмин мегардад, мураттаб карда мешавад.

Рӯйбасти болоии намунаи муқарраршуда дорои мушаххасоти зерин

мебошад: «Пулҳои коғазии Бонки миллии Тоҷикистон», маблағ, миқдор ва

арзиши пулҳои коғазӣ. Ҳангоми мураттабсозии бастаи пулҳои коғазӣ дар

рӯйбаст нишон дода мешавад: номи ташкилоти қарзии молиявӣ, санаи

бастабандӣ, имзо ва тамғаи шахсии хазинадоре, ки пулҳои коғазиро ҳисоб

карда, бастаро мураттаб намудааст.

172. Дар дастабандиҳои дастаҳо ва рӯйбасти бастаҳои Бонки миллии

Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявие, ки пулҳои коғазии фарсуда

доранд, тамғаи «фарсуда» гузошта мешавад.

173. Бастаи иборат аз дастаҳое, ки ба шакли салибӣ бастабандӣ

шудаанд, бо ресмони бегиреҳу ноканда ба шакли салибӣ дубора бо чор гиреҳ

баста мешавад. Нӯги ресмон аз муҳри сурбӣ гузаронида шуда, бо шакли

салибӣ кашида мешавад, муҳри сурбӣ бо муҳранбур пахш карда мешавад.

Нақши муҳранбур дорои мушаххасоти зерин мебошад: номи мухтасари

ташкилоти қарзии молиявӣ ѐ Рамзи мушаххаси бонкӣ (РМБ) ва рақами

муҳранбури хазинадор.

174. Бастаи иборат аз дастаҳое, ки ба дастабандии ҳалқавӣ бастабандӣ

шудаанд, дар лӯлаи полиэтиленӣ гузошта шуда, бо дастгоҳи ваакуумӣ аз ду

тараф бо гузоштани нақши клише часпонида мешавад.

Ба ҳар як бахяи берунии лӯла (лӯлаи полиэтиленӣ) нақши клише

гузошта мешавад, ки дорои мушаххасоти зерин мебошад: номи ташкилоти

қарзии молиявӣ, Рамзи мушаххаси бонкӣ (РМБ) ва рамзи (код)-и хазинадоре,

ки бастаҳоро бастабандӣ намудааст.

175. Дастаҳои пурраи як арзиш, ки аз онҳо бастаҳои пурра мураттаб

намудан имконнопазир аст, дар бастаҳои нопурра бастабандӣ карда

мешаванд. Дастаҳои пурра ва нопурраи гуногунарзиш дар бастаҳои омехта

мураттаб карда мешаванд.

Page 39:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

39

176. Мушаххасоти рӯйбастҳои бастаҳои нопурра ва омехта ба таври

дастӣ навишта мешаванд.

Дар рӯйбасти бастаҳои нопурра ва омехта нишон дода мешавад: номи

ташкилоти қарзии молиявӣ, миқдор ва арзиши пулҳои коғазӣ, маблағ, сана,

имзо ва тамғаи шахсии хазинадор.

Бастаҳои нопурра ва омехта бо тартиби дар бандҳои 174-175

Дастурамали мазкур пешбинишуда бастабандӣ карда мешаванд.

177. Тангаҳои коршоям ва нуқсондор аз тарафи хазинадорон мутобиқи

арзиш ба халтачаҳои пурра ва нопурра мураттаб карда мешаванд. Маблағи

ҳадди ниҳоии гузоштани тангаҳои филизии намунаи соли 2001 дар ҳар як

халтача: арзиши 5 дирам -100 сомонӣ, 10 дирам - 200 сомонӣ , 20 дирам - 400

сомонӣ, 25 дирам - 400 сомонӣ, 50 дирам - 500 сомонӣ, 1 сомонӣ - 1000

сомонӣ, 3 сомонӣ - 3000 сомонӣ, 5 сомонӣ - 5000 сомонӣ ва тангаҳои

филизии намунаи солҳои 2011, 2017: 1 дирам - 25 сомонӣ, 2 дирам – 50

сомонӣ, 5 дирам -100 сомонӣ, 10 дирам - 100 сомонӣ, 20 дирам - 200

сомонӣ, 50 дирам - 500 сомонӣ, 1 сомонӣ - 1000 сомонӣ, 3 сомонӣ – 3000

сомонӣ ва 5 сомонӣ – 5000 сомонӣ мебошад.

178. Тангаҳо дар халтачаҳои стандартии бидуни дарзҳои берунӣ

мураттаб карда мешаванд. Даҳони халтача якҷоя бо барчасп аз матоъ бо

канаб дӯхта шуда, маҳкам бе гиреҳ ва кандагиҳо баста машавад. Нӯгҳои

канаб гиреҳ карда шуда, сурби муҳрӣ гузаронида мешавад ва бо муҳранбур

пахш карда мешавад. Дар барчаспи халтачаҳои танга пай дар пай номи

ташкилоти қарзии молиявӣ, сана, арзиш, маблағ, имзо, тамғаи шахсӣ ва ному

насаби хазинадор навишта мешавад.

Ҳангоми қисман гирифтани танга ѐ гузоштани он дар халтача, бақияи

танга аз тарафи хазинадор дона ба дона бозшуморӣ мешавад. Халтача аз нав

бо тартиби дар банди мазкур нишондодашуда мураттаб карда мешавад.

БОБИ 14. ТАРТИБИ БА РАСМИЯТ ДАРОВАРДАН ВА ҶУБРОН

КАРДАНИ ИШТИБОҲОТИ ХАЗИНАВӢ ВА ҲОДИСАҲОИ

ДИГАРИ РИОЯ НАКАРДАНИ ИНТИЗОМИ ХАЗИНАВӢ

179. Дар хусуси бешомад, камомад, пулҳои нақди корношоям ва

аслияташон шубҳаноки дар бастабандии ташкилоти қарзии молиявӣ

ошкоргардида дар ду нусха санади №0482145 тартиб дода мешавад

(Замимаи № 8 Дастурамали мазкур).

Нусхаи якуми санад ба ташкилоти қарзии молиявие, ки дар бастабандии

он иштибоҳи хазинавӣ ошкор гардидааст, фиристода мешавад. Дар хусуси

пулҳои нақди аслияташ шубҳаноки ошкоршуда дар ду нусха санади муоина

тартиб дода мешавад. Санади № 0482145 якҷоя бо нусхаи якуми санади

Page 40:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

40

муоина ба ташкилоти қарзии молиявӣ ирсол мегардад. Нусхаи дуюми санади

№ 0482145 дар ҳуҷҷатҳои хазинавии рӯз дӯхта шуда, нусхаи дуюми санади

муоина дар хазинаи бозшуморӣ гузошта мешавад.

Ба нусхаи якуми санади № 0482145 маводи бастабандӣ замима

мегардад: рӯйбаст ва зербасти бастаҳо, дастабандиҳои дастаҳо, гиреҳбандӣ

бо муҳри сурбӣ, бастабандии полиэтиленӣ бо нақши клише, ѐ барчаспи

халтачаҳои танга ва гиреҳбандӣ бо муҳри сурбӣ, ки дар онҳо бешомад,

камомад, пулҳои нақди корношоям ѐ шубҳанок ошкор карда шудааст.

Дар асоси санади №0482145 маблағи бешомаде, ки дар бастабандии

ташкилоти қарзии молиявӣ ошкор карда шудааст, ба суратҳисоби

муросилотии он ворид карда мешавад. Маблағи камомад ѐ пулҳои нақди

корношоям аз суратҳисоби муросилотии он хориҷ карда мешавад.

Маблағи пулҳои нақди аслияташон шубҳанок аз суратҳисоби

муросилотии ташкилоти қарзии молиявӣ дар асоси санади муоина дар бораи

корношоям, қалбакӣ ѐ зарурияти муоинаи иловагӣ дониста шудани онҳо

хориҷ карда мешавад.

Маблағи бешомаде, ки дар бастабандии Бонки миллии Тоҷикистон

ошкор гардидааст, ба ҳисоби 40894 «Даромадҳои дигар» ворид карда

мешавад.

Маблағи камомад, пулҳои нақди корношоям ѐ қалбакӣ аз суратҳисоби

ташкилоти қарзии молиявие, ки дар бастабандии он камомад, пулҳои нақди

корношоям ѐ қалбакӣ ошкор карда шудааст, ситонида мешавад.

Дар ташкилоти қарзии молиявӣ маблағи камомад дар ҳисобҳои

тавозунии мувофиқ аз рӯи феҳристи ҳисобҳо барои ташкилоти қарзии

молиявӣ инъикос карда мешавад.

Маблағи бешомад ба суратҳисоби 42894 “Даромадҳои дигар” ворид

карда мешавад. Маблағи камомад аз рӯи ҳисобномаи корманди хазинавие, ки

ба иштибоҳи хазинавӣ роҳ додааст, гузаронида мешавад ва дар ҳисоб то

пурра пардохт гардидани он ба ҳисоб гирифта мешавад.

Ҳангоми дар муддати то 30 рӯз барқарор накардани камомади хазина, ба

бақияи боқимондаи он бо тартиби муқарраргардида ба андозаи 100 фоиз

фонд аз рӯи камомади пулҳои нақд ташаккул дода мешавад.

180. Дар хусуси бешомад, камомад, пулҳои нақди корношоям ва

аслияташон шубҳаноке, ки дар бастабандии кормандони хазинавии Бонки

миллии Тоҷикистон ошкор карда шудаанд, дар Дастгоҳи марказӣ дар ду

нусха ва шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар се нусха

санади № 0482145 тартиб дода мешавад. Нусхаи якуми санад якҷоя бо

маводи бастабандии баста ѐ халта, ки дар банди 179 Дастурамали мазкур

нишон дода шудааст, дар ҳуҷҷатҳои рӯз, нусхаи дуюм ба ҳисобномаи

иштибоҳоти хазинавии хазинадорон гузошта мешавад. Шуъбаҳои

Page 41:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

41

минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон нусхаи сеюми санадро ба Бонки

миллии Тоҷикистон ирсол мекунанд.

Дар ин маврид маблағи бешомад ба ҳисоби дахлдор ворид карда

мешавад. Маблағи камомад, пули корношоям ѐ қалбакӣ ба ҳисоби дахлдор

гузаронида шуда, аз ҳисоби корманди хазинавие, ки ба иштибоҳи хазинавӣ

роҳ додааст, то рӯѐнида шудан ба ҳисоб гирифта мешавад. Ҳангоми аз

тарафи корманди хазинавӣ пардохт гардидани маблағи камомад, пулҳои

нақди корношоям ѐ қалбакӣ ба андозаи маблағи воридгардида дар ҳисобҳои

дахлдор дебет ва дар ҳисоби дахлдор аз рӯи ҳисобномаи хазинадор кредит

карда мешавад.

181. Камомади пулҳои нақд новобаста аз маблағи онҳо дар лаҳзаи ошкор

гардидан ба хароҷоти хазина бурда мешавад. Маблағи бешомад ба хазина

дохил карда мешавад. Маблағи камомади дороиҳои дигар аз хазинадорони

иштибоҳкарда ситонида шуда, дар ҳисоби дахлдор нишон дода мешавад.

182. Бешомад, камомад, пулҳои нақди корношоям ва аслияташон

шубҳаноки дар фонди эмиссионӣ ошкоргардида ба ҳамон тартиби бешомад,

камомад, пулҳои нақди корношоям, аслияташ шубҳаноки дар хазинаи

муомилот ошкоршуда ба расмият дароварда мешаванд. Маблағи камомад,

пулҳои нақди корношоям ѐ аслияташон шубҳанок аз хазинаи муомилот

пурра карда мешавад.

183. Ҳангоми ошкор гардидани бешомад ѐ камомади пулҳои нақд, ки аз

тарафи корманди хазина дар натиҷаи иштибоҳи хазинавӣ роҳ дода шудааст,

инчунин ҳолати дуздӣ, исрофкорӣ, қаллобӣ, ғорат, роҳбари шуъбаҳои

минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон, филиал ва воҳидҳои сохтории дигари

ташкилоти қарзии молиявӣ фавран ба Дастгоҳи марказии худ хабар медиҳад

ва тафтиши пулҳои нақд ва дигар дороиҳоро таъйин менамояд.

Дар бораи ҳодисаи дуздӣ ѐ ҳодисаҳои дигари суиистифода роҳбарияти

Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилоти қарзии молиявӣ ба мақомоти

корҳои дохилӣ хабар медиҳад ва корманди хазинавиеро, ки ба дуздӣ,

исрофкорӣ, қаллобӣ роҳ додааст, аз кор дур менамоянд.

Дар хабарномае, ки аз ҷониби роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва

ташкилоти қарзии молиявӣ навишта мешавад, ҷой ва санаи иштибоҳ ѐ

ҳодисаи хазинавӣ, сабаби иштибоҳ ѐ хусусияти ҳодиса (дуздӣ, исрофкорӣ,

қаллобӣ), маблағи зарари расонидашуда, вазифа, ному насаби шахси

гунаҳгор, собиқаи кории ӯ дар Бонки миллии Тоҷикистон ва ѐ ташкилотҳои

қарзии молиявӣ, баѐноти шахсиии корманди хазинавие, ки ба иштибоҳи

хазинавӣ ѐ ба исрофкорӣ, дуздӣ, қаллобӣ роҳ додааст, чораҳое, ки барои

таъмини манфиатҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва ѐ ташкилотҳои қарзии

молиявӣ ва ворид гардидани маблағ барои ҷуброни зарар андешида шудаанд,

дарҷ мегардад.

Page 42:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

42

Ба хабарнома санади санҷиш замима мегардад, ки аз ҷониби шахсони

вазифадори масъули нигоҳдории дороиҳо ва инчунин корманди хазинавии ба

иштибоҳи хазинавӣ роҳдода ѐ аз тарафи шахсони дигаре, ки бо салоҳияти

роҳбарияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба гузаронидани санҷиши ҳодисаи

дуздӣ, исрофкорӣ, қаллобӣ ҷалб карда шудаанд, ба имзо расонида мешавад.

Санад дар се нусха тартиб дода мешавад: нусхаи якум ва дуюми санад аз рӯи

мақом ба Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон ва ѐ ташкилотҳои

қарзии молиявӣ фиристода мешавад, нусхаи сеюм дар воҳиди тобеи онҳо

нигоҳ дошта мешавад.

Дастгоҳи марказӣ маводи пешниҳодшудаи воҳиди тобеи худро баррасӣ

намуда, кифоя будан ѐ набудани чораҳоеро, ки аз ҷониби роҳбари

ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои ба тартиб даровардани кори хазина ва аз

шахсони гунаҳгор ситонидани зарари ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ

расонидашуда андешида шудаанд, муайян месозад.

Дар ҳолати зарурӣ Дастгоҳи марказӣ доир ба беҳтар ба роҳ мондани

кори хазинавӣ дар воҳидҳои тобеи худ, пурзӯр намудани назорат аз болои

нигоҳ доштани пулҳои нақд ва дигар дороиҳо ва ба ҷавобгарӣ кашидани

кормандони ба иштибоҳ роҳдода чораҳои иловагӣ меандешад.

Камомади пулҳои нақд ва дигар дороиҳо, ки дар натиҷаи дуздӣ ва

ҳодисаҳои дигари суиистифода ба вуқӯъ омадааст, ба тартиби муқарраршуда

аз ҳисобҳои дахлдоре, ки пулҳои нақд ва дигар дороиҳо дар онҳо ба ҳисоб

гирифта мешаванд, хориҷ карда мешавад ва ба ҳисоби дахлдор аз рӯи

ҳисобномаи кормандони ба иштибоҳ роҳдода дохил карда мешавад.

184. Ҷуброни зарари ба Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои

қарзии молиявӣ расонидашуда аз ҷониби корманде, ки онро расонидааст,

мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Барои

ҳар як варақи пули коғазӣ ва ҳар як дона тангаи камомад, бешомад,

ғайрипардохт ва қалбакие, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ мураттаб

намудаанд, ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз ҷониби Бонки

миллии Тоҷикистон ҷарима баста мешавад.

Ҳангоми дар бастаҳои пулҳои коршоям ошкор шудани пулҳои фарсуда

ва дар бастаҳои пулҳои фарсуда ошкор шудани пулҳои коршоям ва ѐ дар

халтачаҳои тангаҳои коршоям ошкор шудани тангаҳои фарсуда ва дар

халтачаҳои тангаҳои фарсуда ошкор шудани тангаҳои коршоям барои ҳар як

варақи пули коғазӣ ва ҳар як дона танга ба андозаи зерин аз ҷониби Бонки

миллии Тоҷикистон ҷарима баста мешавад (Замимаи №9 Дастурамали

мазкур):

- пулҳои арзиши то 50 сомонӣ - 25 фоизи як нишондиҳанда барои

ҳисобҳо;

Page 43:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

43

- пулҳои арзиши аз 100 сомонӣ то 500 сомонӣ - 50 фоизи як

нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

185. Мукотиба оид ба камомад, дуздӣ ва ҳодисаҳои дигари суиистифода

баъди пурра пардохт гардидани зарар ѐ аз тавозуни ташкилотҳои қарзии

молиявӣ хориҷ намудани қарз ба бойгонӣ супорида мешавад.

186. Дар хусуси ҳар як ҳодисаи вайрон кардани интизоми хазинавӣ

ташкилоти қарзии молиявӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

БОБИ 15. ТАРТИБИ НАТИҶАГИРИИ ХАЗИНАИ МУОМИЛОТ

187. Пас аз муқоисаи гардиши хазинаи муомилот бо китоби хазинавии

кормандони амалиѐтӣ, хазинадорҳо бақияи пулҳои нақди мавҷудбуда ва ба

шакли муайян даровардаро бо тартиби муқарраргардида якҷоя бо

маълумотнома ва санадҳои хазина ба мудири хазина месупоранд.

Мудири хазина пулҳои нақд, маълумотномаҳо ва ҳуҷҷатҳоро аз

хазинадорҳо қабул намуда, тафтиш менамояд:

- аз тарафи кормандони амалиѐтӣ имзо шудани маблағи умумии

гардиши хазинавӣ, ки дар маълумотномаи хазинадорони хазинаи воридоту

хароҷот нишон дода шудааст;

- дар маълумотномаҳо дуруст баровардани бақияи пулҳои нақд бо

мутобиқати навиштаҷот дар китоби 0482155-“Китоби сабти дороиҳои

қабулшуда ва додашудаи хазинадорон”;

- мувофиқати миқдор ва маблағи ҳуҷҷатҳои супоридашуда бо

нишондоди маълумотномаҳо.

Бақияи истифоданашудаи пулҳои нақди ба нозир барои пурра кардани

норасоии хазина додашуда, ордерҳои воридоту хароҷот бо замимаи нусхаҳои

аввали санадҳои № 0482145-ро мудири хазина аз ӯ бо имзо дар китоби

0482155 -“Китоби сабти дороиҳои қабулшуда ва додашудаи хазинадорон”

қабул менамояд. Мудири хазина аз нозир пулҳои нақди хазинаи муомилоти

дар хазинаи бозшуморӣ коркардшударо бо имзо дар китоби 0482155-

“Китоби сабти дороиҳои қабулшуда ва додашудаи хазинадорон” қабул

менамояд. Дурустии маълумотнома дар бораи коркарди пулҳои нақд дар

хазинаи бозшумориро санҷиш намуда, маблағи умумии пулҳои нақди воқеан

қабулшударо бо навиштаҷоти китоби 0482155- “Китоби сабти дороиҳои

қабулшуда ва додашудаи хазинадорон” ва маълумотнома муқоиса карда, ба

он имзо мегузорад.

Аз рӯи маълумотномаҳои ҳисоботӣ ва навиштаҷоти китоби 0482155 -

“Китоби сабти дороиҳои қабулшуда ва додашудаи хазинадорон”, инчунин

ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо шахсан ба онҳо пулҳои нақд дода шудааст,

мудири хазина маълумотномаи ҷамъбастии №0482111 тартиб дода, натиҷаи

онро бо маълумоти ҳисобдорӣ муқоиса менамояд. Муқоиса бо имзои

Page 44:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

44

сармуҳосиб дар маълумотномаи №0482111 ба расмият дароварда шуда, якҷоя

бо маълумотномаҳои хазинадорон №0482109 ва №0482110 дар ҳуҷҷатҳои

хазинавии рӯз нигоҳ дошта мешавад.

Мудири хазина пас аз муқоисаи гардиши хазинавии рӯз маблағи умумии

воридоту хароҷоти пулҳои нақдро дар китоби 0482120-“Китоби қайди

дороиҳои хазинаи муомилот” қайд намуда, дар он бақияи хазинаро барои

рӯзи дигар мебарорад.

188. Дар сурати фарқияти байни бақияи пулҳои нақд дар хазина ва

маълумоти ҳисобдорӣ, мудири хазина фавран дар ин хусус роҳбарият ва

сармуҳосиби (ѐ шахси ӯро ивазкунандаи) ташкилоти қарзии молиявиро барои

чораҷӯии муайян намудани сабаби фарқият огоҳ менамояд. Ҳангоми тасдиқи

бешомад ѐ камомад дар ин хусус санад тартиб дода мешавад.

189. Дар ташкилотҳои қарзии молиявии дорои ҳаҷми калони коркарди

пулҳои нақд, вазифаи мудири хазина доир ба амалиѐти пулҳои нақди

хазинаҳои муомилот ѐ амалиѐтро метавонанд ба зиммаи сархазинадори

(хазинадори калони) махсус ҷудокардашуда гузоранд.

Дар ин ҳолат мудири хазина пеш аз оғози амалиѐт маблағи зарурии

пулҳои нақдро барои анҷоми амалиѐт ба сархазинадори (хазинадори калони)

хазинаи муомилот ѐ амалиѐтӣ бо имзо дар китоби 0482155 -“Китоби сабти

дороиҳои қабулшуда ва додашудаи хазинадорон” месупорад. Сархазинадор

(хазинадори калон) дар давоми рӯзи корӣ бо имзо дар китоби 0482155 -

“Китоби сабти дороиҳои қабулшуда ва додашудаи хазинадорон” қабули

пулҳои нақдро аз мудири хазина, аз хазинадорони хазинаҳои воридот, аз

нозир анҷом дода, бо имзо дар китоби 0482155 -“Китоби сабти дороиҳои

қабулшуда ва додашудаи хазинадорон” ба хазинадорони хазинаҳои хароҷот

ва нозир пулҳои нақд медиҳад.

Баробари анҷоми рӯзи амалиѐтӣ хазинадорони хазинаҳои воридоту

хароҷот ва инчунин нозир ба сархазинадор (хазинадори калон) ҳуҷҷатҳо ва

пулҳои нақди бо тартиби муқаррар бастабандишударо месупоранд.

Сархазинадор (хазинадори калон) бо тартиби муқарраркардаи банди 188

Дастурамали мазкур муқоиса ва ҷамъбасти хазинаро гузаронида, баъдан

тибқи муқаррарот пулҳои нақдро бо имзо дар китоби 0482155-“Китоби сабти

дороиҳои қабулшуда ва додашудаи хазинадорон” ба мудири хазина

месупорад.

190. Баъди ҷамъбаст мудири хазина ҳуҷҷатҳои хазинавиро якҷоя бо

замимаҳо барои ба шакли муайян даровардан ва ҷузвбандӣ ба яке аз

сархазинадорони (хазинадорони калони) махсус ҷудогардида месупорад.

Ҳангоми ба шакли муайян даровардан, ҳуҷҷатҳои хазинавӣ аз рӯи ҳисобҳои

(бо тартиби рақамҳои афзоянда) алоҳидаи воридот ва хароҷоти хазина ҷамъ

карда мешаванд.

Page 45:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

45

191. Ҳуҷҷатҳои хазинавӣ бояд на дертар аз рӯзи ояндаи корӣ дар

ҷузвдонҳои алоҳида барои ҳар рӯз мураттаб карда шаванд. Ҷамъи

маълумотҳои ҳуҷҷатҳои ҷузвабандишуда бо натиҷагирии маълумот барои

чоп ҳисобу китоб карда мешаванд. Дар рӯи ҷузвдонҳо феҳристи ҷамъи

маълумотҳои ҳуҷҷатҳои хазинавӣ часпонда мешавад (Замимаи № 15

Дастурамали мазкур).

Баъд аз муқоисаи ҷамъи ҳуҷҷатҳои хазинавӣ бо китоби 0482120-

“Китоби қайди дороиҳои хазинаи муомилот” навиштаҷоти рӯи ҷузвдон аз

тарафи хазинадори мураттабнамудаи он ва мудири хазина бо имзо тасдиқ

карда мешавад.

192. Ҳуҷҷатҳои хазинавие, ки муҳлати нигоҳдориашон аз се сол зиѐдтар

аст, дар ҷузвдонҳои алоҳида мувофиқи муқаррароти муҳлати нигоҳдориашон

дӯхта шуда, дар ин хусус дар рӯи парвандаи ҳуҷҷатҳои хазинавӣ муҳлати

нигоҳдориашон нишон дода мешавад.

193. На дертар аз рӯзи оянда ҷамъи ҳуҷҷатҳо бояд аз тарафи сармуҳосиб

бо маълумотҳои ҳисобдорӣ муқоиса гардида, бо имзои ӯ тасдиқ карда

шаванд. Ҳуҷҷатҳои хазинавӣ дувоздаҳ моҳи охир дар ганҷхона зери

масъулияти мудири хазина нигоҳ дошта мешаванд.

194. Маълумотномаи ҳуҷҷатҳои хазинавӣ дар асоси дархостнома бо

имзои роҳбари ташкилоти қарзии молиявӣ ва сармуҳосиб дода мешавад.

Баровардани ҷузвабандиҳои ҳуҷҷатҳои хазинавӣ аз ҳудуди хазина фақат

дар мавридҳои алоҳида ва танҳо бо иҷозати хаттии роҳбари ташкилоти

қарзии молиявӣ роҳ дода мешавад. То охири рӯзи корӣ ҳуҷҷатҳо бояд

ҳатман баргардонида шаванд. Ҳангоми санҷиш ҳуҷҷатҳои хазинавӣ бо

забонхат ба санҷишгар дода мешаванд ва бояд дар утоқи алоҳидаи

қулфшаванда нигоҳ дошта шаванд.

195. Ҳуҷҷатҳои хазинавии ташкилоти қарзии молиявӣ бо риояи

муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозати раиси

он, бо талаби суд, мақомоти тафтишотӣ ва дигар мақомоти салоҳиятдор аз

рӯи парвандаҳое, ки дар истеҳсолоти онҳо мебошанд, агар ин ҳолатро

қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намуда бошад, гирифта

мешаванд.

Ба ҷои ҳуҷҷати хазинавии аслии гирифташуда дӯхта мешаванд: нусхаи

ҳуҷҷати гирифташудаи аз тарафи мудири хазина тасдиқшуда, дархости

гирифтан, пайнавишти гирифтан ѐ расиди (квитансияи) почта дар бораи

фиристодани ҳуҷҷат. Дар ҳолате, ки якбора гирифтани чанд ҳуҷҷати

хазинавии санаҳои гуногуни як соли тақвимӣ лозим шавад, он гоҳ ба ҷои яке

аз ҳуҷҷатҳои гирифташаванда ҷойгир карда мешавад: нусхаи он, дархости

гирифтан, пайнавишти гирифтан ѐ расиди почта бо қайд дар бораи

Page 46:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

46

фиристодани ҳуҷҷат ва ба ҷои боқимондаи ҳуҷҷатҳо танҳо нусхаҳо бо қайди

маҳалли ҷойгиршавии талабкунанда.

БОБИ 16. ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШИ ДОРОИҲО ВА

САНҶИШИ ҲОЛАТИ КОРҲОИ ХАЗИНАВӢ ДАР БОНКИ МИЛЛИИ

ТОҶИКИСТОН ВА ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗИИ МОЛИЯВӢ

196. Санҷиши пулҳои коғазӣ, тангаҳо ва дигар дороиҳои дар ганҷхонаҳо

ва хазинаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ

мавҷудбуда ва санҷиши тартиби нигоҳдории онҳо гузаронида мешавад:

- бо фармони роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва ѐ ташкилотҳои

қарзии молиявӣ, филиал ва дигар воҳидҳои сохтории онҳо, на камтар аз як

маротиба дар ҳар семоҳа, инчунин ҳар сол ба ҳолати 1 январ (охири соли

молиявӣ).

Агар дар давоми семоҳа дар шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии

Тоҷикистон ва филиалҳо, дигар воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии

молиявӣ аз тарафи кормандони Дастгоҳи марказии онҳо санҷиш гузаронида

шуда бошад ѐ бо сабаби муваққатан ивазшавии шахсони вазифадори масъули

қабулу супоридани дороиҳо гузаронида шуда бошад, дар ин ҳолат зарурати

гузаронидани санҷиши муқаррарии семоҳа вуҷуд надорад. Фосилаи муҳлати

байни санҷишҳо набояд аз се моҳ зиѐд бошад;

-ҳангоми ивазшавии роҳбар, сармуҳосиб ѐ мудири хазинаи Бонки

миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ;

-ҳангоми додани ваколати ҳуқуқи доимии вазифаҳои масъули

нигоҳдории пулҳои нақд ва дигар дороиҳо аз роҳбар ва сармуҳосиб ба

муовинони онҳо;

-ҳангоми муваққатан ивазшавии яке аз шахсони вазифадори масъули

нигоҳдории дороиҳо;

-дар дигар ҳолатҳо – бо фармоиши роҳбари шуъбаҳои минтақавии Бонки

миллии Тоҷикистон, филиал ва воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии

молиявӣ ва ѐ роҳбари Дастгоҳи марказии онҳо.

197. Санҷиши пулҳои нақд ва дигар дороиҳое, ки дар хазинаю

ганҷхонаҳо мавҷуданд, аз ҷониби воҳидҳои сохтории дорои хазинаю

ганҷхонаҳо гузаронида мешавад. Дар ин маврид бо фармони Бонки миллии

Тоҷикистон ва ѐ ташкилоти қарзии молиявӣ комиссия таъсис дода мешавад.

Барои гузаронидани санҷиш кормандони омодагардидае (пуртаҷрибае), ки

барои иҷрои амалиѐтҳо бо дороиҳо алоқамандӣ надоранд, ҷалб карда

мешаванд ва яке аз онҳо роҳбар таъин карда мешавад. Масъулияти ташкили

дуруст ва иҷрои қоидаҳои муқарраргардидаи гузаронидани санҷишро

Page 47:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

47

роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилоти қарзии молиявӣ, ки

санҷишро таъин кардааст, ба зимма дорад.

Дар ҳолати иваз шудани роҳбари шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии

Тоҷикистон ва ѐ филиал ва дигар воҳидҳои сохтории ташкилоти қарзии

молиявӣ, санҷиш мутаносибан аз тарафи намояндаи Дастгоҳи марказии

онҳо, ки бо фармон таъин мегардад, роҳбарӣ карда мешавад.

Шахсоне, ки дар воҳиди сохтории дахлдоре, ки дар он санҷиш

гузаронида мешавад, кор намекунанд, барои гузаронидани санҷиш ҳангоми

доштани супоришнома (гувоҳинома) бо имзои Роҳбарияти Бонки миллии

Тоҷикистон ва ѐ ташкилоти қарзии молиявӣ (Дастгоҳи марказӣ) ва бо муҳри

нишондор тасдиқшуда роҳ дода мешаванд.

198. Санҷиш дар ҳузури шахсони вазифадори масъули нигоҳдории

дороиҳо гузаронида мешавад. Ҳангоми гузаронидани санҷиш ҳузур

надоштани яке аз шахсони вазифадори масъули нигоҳдории дороиҳо дар

санад қайд карда мешавад.

199. Санҷиши гузаронидашаванда набояд ба раванди муқаррарии

амалиѐт халал расонад.

Санҷиш ногаҳон гузаронида мешавад ва ҳамаи дороиҳо ба ҳолати ҳамон

рӯз ва бо чунин пайдарпайие, ки барои пинҳон кардани дуздӣ ва камомади

пулҳои нақд ва дигар дороиҳо имкон намедиҳад, анҷом дода мешавад.

Санҷишро шурӯъ намуда, роҳбари он тамоми ганҷхонаҳо ва ҷевонҳои

дохили хазинаро новобаста аз мавҷуд будани дороиҳо дар онҳо то лаҳзаи

оғози санҷиш муҳр мезанад, тамоми пулҳои нақд ва дигар дороиҳои дар

хазинаҳо ва фондҳои эмиссионӣ бударо таҳти назорати худ мегирад.

То пурра санҷиш кардани хазинаҳо ва фонди эмиссионӣ даромадани

шахсони вазифадори масъули нигоҳдории дороиҳо ба ганҷхонаҳо танҳо дар

ҳузури роҳбари санҷиш иҷозат дода мешавад, ба замми он ворид кардан ѐ

гирифтани пулҳои нақд ва дигар дороиҳо дар ин давра зери назорати ӯ анҷом

дода мешавад. Дар ҳолате, ки агар якбора санҷиши дороиҳои дар боло

зикршуда натавонад анҷом ѐбад, роҳбари санҷиш баъди ба охир расидани

рӯзи корӣ якҷоя бо шахсони вазифадори масъули нигоҳдории дороиҳо

ганҷхонаҳоро муҳргузорӣ намуда, онҳоро тибқи тартиби муқарраргадида ба

посбон месупорад. Муҳри роҳбари санҷиш дар тахтача дар қисми болои

муҳрҳои шахсони вазифадори масъули нигоҳдории дороиҳо гузошта

мешавад. Бо ба охир расидани санҷиши ҳар як ганҷхонаи алоҳидаи пулҳои

нақд ва дигар дороиҳо, ганҷхонаҳо аз тарафи роҳбари санҷиш муҳргузорӣ

карда намешаванд.

200. Дар ҳолати ивазшавии роҳбар ва шахсони вазифадори масъули

нигоҳдории дороиҳо ва инчунин ҳангоми вогузор намудани ваколати

роҳбарию назоратии фонди эмиссионӣ, пулҳои коғазӣ ва тангаҳои фонди

Page 48:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

48

эмиссионӣ варақ ба варақ, дона ба дона ҳисоб карда мешаванд. Дар сурати

хеле зиѐд будани ҳаҷми пулҳои нақд дар ганҷхонаҳо, роҳбари санҷиш

метавонад бозшумории варақ ба варақ ва дона ба донаи пулҳои нақди дар

фонди эмиссионӣ бударо ба таври интихобӣ гузаронад.

Ба роҳбари санҷиш дар фармони қабулу супурди пулу дороиҳо ҳуқуқи

тамдиди муҳлати муқарраркардаи тафтиш дода мешавад.

Ҳангоми муваққатан иваз намудани яке аз шахсони вазифадори

масъули нигоҳдории дороиҳо ва инчунин ҳангоми санҷиш ба ҳолати 1 январ,

охири соли молиявӣ ва ҳар семоҳа, пулҳои нақди фонди эмиссионӣ ба

миқдори интихобан муайянкардаи роҳбари санҷиш мавриди бозшумории

варақ ба варақ ва дона ба дона қарор дода мешавад.

201. Санҷиши пулҳои коғазӣ, танга ва дигар дороиҳо ба тартиби зерин

анҷом дода мешавад:

- пулҳои коғазии хазинаи муомилот аз рӯи баста ва дастаҳо, тангаҳо бо

навиштаҷоти барчаспи халтачаҳо ва пулҳои нақди қаблан мураттаб ва

бастабандишуда аз рӯи навиштаҷоти барчаспи халтаҳо (тележкаҳо),

халтачаҳо санҷиш гардида, маблағи умумии пулҳои нақд бо маълумоти

китоби 0482120-“Китоби қайди дороиҳои хазинаи муомилот” муқоиса карда

мешавад. Пас аз ин санҷиши пулҳои коғазӣ ва тангаҳо таҳти ҳисоби пурраи

варақ ба варақ ва дона ба дона қарор мегирад.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявии дорои

ҳаҷми зиѐди пулҳои нақди коркардшаванда, ҳангоми санҷиши ногаҳонии ҳар

семоҳа ва санҷиши дороиҳо, ки ба ивазшавии шахсони вазифадори масъули

нигоҳдории дороиҳо вобаста мебошад, пулҳои нақди хазинаҳои муомилот

имкон дорад ба миқдори интихобан муайянкардаи роҳбари санҷиш ҳисоб

карда шаванд:

- пулҳои коғазии дар фонди эмиссионӣ мавҷудбуда аввал аз рӯи

бастаҳо, дастаҳо ва навиштаҷоти рӯйбаст ва барчаспи халтаҳо, тангаҳо аз рӯи

навиштаҷоти барчаспи халтачаҳо, илова бар он ҳисоби варақ ба варақ ва дона

ба дона аз рӯи миқдори интихобан муайянкардаи роҳбари санҷиш

бозшуморӣ мешаванд;

- асъор, аз рӯи бастаҳо, дастаҳо ва навиштаҷоти рӯйбаст ва барчаспи

халтаҳо санҷиш гардида, баъдан варақ ба варақ ва дона ба дона бозшуморӣ

карда мешаванд, дар сурати зиѐд будани ҳаҷми онҳо интихобан ба миқдори

муайянкардаи роҳбари санҷиш варақ ба варақ ва дона ба дона бозшуморӣ

карда мешаванд;

- дигар дороиҳо аз рӯи навиштаҷоти рӯйбаст ва барчаспҳо аз рӯи арзиши

номиналӣ ѐ шартии онҳо мавриди санҷиш қарор гирифта, ба миқдори

муайянкардаи роҳбари санҷиш варақ ба варақ ҳисоб карда мешаванд.

Page 49:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

49

202. Пулҳои коғазӣ, тангаҳо ва дигар дороиҳо барои бозшуморӣ варақ

ба варақ ва дона ба дона шахсан аз тарафи роҳбари санҷиш интихоб карда

мешаванд.

203. Бастаҳо ва халтаҳо бо рӯйбаст ва барчаспҳои осебдида ва

навиштаҷоти нодурусти рӯйбастҳо варақ ба варақ ва дона ба дона ҳисоб

карда мешаванд.

204. Бозшумории варақ ба варақ ва дона ба дона ҳангоми санҷиш имкон

дорад тариқи назоратӣ, яъне гирифтани як қисми пулҳои нақд гузаронида

шавад. Дар ин ҳолат санҷишгар пулҳои нақдро барои ҳисоби варақ ба варақ

ва дона ба дона ба хазинадор супорида, қаблан рӯйбастро аз баста,

барчаспҳоро аз халтачаҳо кушода, як қисми барои хазинадор номаълуми

пулҳои нақдро барои назорат назди худ нигоҳ медорад. Хазинадор пулҳои

нақдро ҳисоб карда, маблағи онҳо ѐ шумораи пулҳои нақдро ба санҷишгар

хабар медиҳад, ки ба онҳо санҷишгар мутаносибан маблағи пулҳои нақд ѐ

шумораи пулҳои нақди барои назорат мондаро илова менамояд. Натиҷаи

бадастомадаро бо маълумоти дастабанд ѐ барчаспи халтача муқоиса

менамояд. Ҳангоми дуруст будани маблағи умумӣ (шумораи пулҳои нақд),

пулҳои нақди барои назорат мондашуда барои бозшуморӣ ва мураттаб

сохтани дастаҳо ва халтачаҳо ба хазинадорон супорида мешавад.

Ҳангоми номутобиқатии маблағ, пулҳои нақд аз тарафи санҷишгар

ҳисоб карда мешаванд ва пас аз он бо тартиби муқарраргардида аз тарафи

хазинадори ҳисоби авваларо анҷомдода аз нав бозшуморӣ гардида, мураттаб

карда мешаванд. Дастабандҳо, рӯйбаст ва бастабандии полиэтиленӣ бо

нақши клише (ресмони сурбӣ), бастаи кушода, барчаспи халтачаҳо то ба

охир шуморидани тамоми пулҳои нақд дар ихтиѐри санҷишгар мемонад.

Ҳангоми ошкор шудани бешомад, камомад, пулҳои нақди корношоям ва

ѐ аслияташон шубҳанок санади №0482145 тибқи банди 180 Дастурамали

мазкур тартиб дода мешавад.

Супоридани пулҳои нақд барои бозшуморӣ ба хазинадороне, ки худи

онҳо пулҳои нақдро мураттаб кардаанд, дар ҳолатҳои истисноӣ аз тарафи

роҳбари санҷиш иҷозат дода мешавад.

205. Баъд аз санҷиши воқеии пулҳои нақд ва дигар дороиҳои дар

ганҷхонаҳо буда санҷишгар дороиҳоро бо маълумоти китобҳои №0482120-

“Китоби қайди дороиҳои хазинаи муомилот” ва №0482141--“Китоби қайди

дороиҳои фонди эмиссионӣ” бо тавозуни ҳамарӯза ва ҳисобдории таҳлилӣ

(аналитикӣ) муқоиса намуда, ғайр аз он месанҷад, ки оѐ тамоми пулҳои нақд

ва дигар дороиҳои барои санҷиш гирифташуда ба ганҷхонаҳо бозгардонида

шудаанд, ѐ не.

Page 50:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

50

Маблағи ҳуҷҷатҳои аз ҳисобдории муҳосибавӣ нагузашта далели бақияи

хазина ба ҳисоб намеравад ва он камомад шуморида мешавад. Бешомади дар

хазина ошкоргардида ба ҳисоби даромад ворид карда мешавад.

206. Дар ҳолати ошкор намудани камомад ѐ бешомади пулҳои нақд

санади №0482145 тибқи банди 180 Дастурамали мазкур тартиб дода шуда,

тамоми пулҳои нақди мураттабсохтаи хазинадоре, ки дар он камомад ѐ

бешомад ошкор гардидааст, бояд варақ ба варақ ва дона ба дона ҳисоб карда

шаванд.

207. Дар бораи гузаронидани санҷиши дороиҳо бо имзои тамоми

кормандоне, ки дар санҷиш иштирок намудаанд ва шахсони вазифадори

масъули нигоҳдории дороиҳо санад тартиб дода мешавад.

Дар бораи супоридани калидҳо ва муҳрҳои ганҷхонаҳо аз як шахси

вазифадори масъули нигоҳдории дороиҳо ба шахси дигар дар санад бо

нишон додани рақамҳои онҳо қайди дахлдор ворид карда мешавад. Ҳангоми

муайян кардани камомад ѐ бешомади пулҳои нақд ва дигар дороиҳо, фарқият

дар ҳисобдорӣ ѐ камбудӣ дар таъмини нигоҳдории дороиҳо нусхаи санад ба

Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии

молиявӣ равон карда мешавад.

208. Ҳангоми санҷиш вобаста ба ивазшавии шахси вазифадори масъули

нигоҳдории дороиҳо, имзои ҳуҷҷатҳои вобаста ба нигоҳдории фонди

эмиссионӣ, пулҳои нақди хазинаи муомилот ва дигар дороиҳо, инчунин

гузаронидани амалиѐт бо онҳо то анҷоми санҷиш ва имзои санад аз тарафи

шахси супорандаи пулҳои нақд ва дороиҳо сурат мегирад.

209. Ҳангоми гузаронидани санҷиши ногаҳонӣ, санҷишҳои ба ҳолати 1

январ, охири соли молиявӣ ва санҷишҳои вобаста ба муваққатан ивазшавии

шахсони вазифадори масъули нигоҳдории дороиҳо, санҷиши пулҳои нақд

дар халтаҳо, халтачаҳо ва қуттиҳои бастабандишуда қаблан аз рӯи

навиштаҷоти барчаспи халтаҳо, халтачаҳо ва навиштаҷоти қуттиҳо сурат

мегирад. Баъд аз ин санҷиши пулҳои нақд аз рӯи бастаю дастаҳо ва

бозшумории варақ ба варақ, тангаҳо аз рӯи навиштаҷоти барчаспи халтачаҳо

ва бозшумории дона ба дона анҷом дода мешавад. Миқдори бозшумории

варақ ба варақи пулҳои коғазӣ ва дона ба донаи тангаҳо аз тарафи роҳбари

санҷиш муайян карда мешавад.

210. Ба ғайр аз санҷиши пулҳои коғазӣ, танга ва дигар дороиҳои дар

ганҷхонаҳо мавҷуд буда, ҳар семоҳа аз рӯи нақшаи аз тарафи роҳбарияти

Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ тасдиқшуда

санҷиши ташкили корҳои хазинавӣ, вазъи муҳофизат ва низоми сигналдиҳӣ,

риоя намудани тартиботи гузарномадиҳӣ санҷида мешавад.

Дар ҳолати ошкор шудани камбудиҳо аз рӯи масъалаҳои санҷиш санад

бо нишондоди хусусияти ошкор шудани камбудиҳо, ному насаби

Page 51:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

51

кормандони ба камбудӣ роҳдода, сабаби камбудҳо ва қабули чораҳои

бартараф намудани онҳо тартиб дода мешавад. Санад аз тарафи санҷишгарон

ва шахсони масъули санҷишшаванда имзо карда мешавад.

Тамоми санҷишҳои гузаронидашуда дар китоб ба қайд гирифта

мешавад, ки дар он ному насаб ва вазифаи санҷишгар, соҳаи санҷишкардаи

он, вақти гузаронидани санҷиш, ҳаҷми санҷиш, натиҷаи он (истинод ба санад

карда мешавад ѐ навишта мешавад «эрод надорем») нишон дода мешавад.

Роҳбарияти Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон ва ѐ

ташкилотҳои қарзии молиявӣ вазифадор аст, ки дар муҳлати панҷ рӯз

натиҷаи санҷишро дида баромада, камбудиҳои ошкоргардидаро бартараф

намояд, инчунин доир ба ташкили кор бо риояи қатъии Дастурамали мазкур

чораҳо андешад.

Page 52:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

52

Замимаи №1

ба Дастурамали №227 “Оид ба корҳои

хазинавӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ва

ташкилотҳои қарзии молиявӣ”

ТАҶҲИЗОНИДАНИ ҶОЙҲОИ КОРИИ

КОРМАНДОНИ ХАЗИНАВӢ

1. Феҳристи таҷҳизоти тавсияшавандаи ҷойҳои кории кормандони

хазинавӣ

Номгӯи

таҷҳизот

Номгӯи хазинаҳо

_________________________________

_

воридот ! хароҷот ! бозшуморӣ

Маҷмӯи асосии

таҷҳизот:

- аксбардори

мушоҳидавӣ

- мизи хазинадор

бо қуттиҳои

дорои қулфи

гузарвожаи

(сирри)

инфиродӣ

- курсии гардон

- мошини ҳисоби

пул

- дастгоҳи тафтиши

аслияти пулҳои

коғазӣ (детектор)

- воситаи

бастабандии

пулҳои коғазӣ

- василаи ҳамлу

нақли пул

- намолавҳаи

иттилоотӣ барои

даъвати муштарӣ

-воситаи алоқа

(гуфтугӯ)

- воситаи

инфиродии

+ + +

+ + +

+ - +

+ + +

+ + +

+ + +

+ + +

+ + +

+ + +

+ + +

+ + +

+ + +

Page 53:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

53

нигоҳдории

қулфдор (ҷевони

филизӣ, сейф,

равонаки

пӯшида)

- дастгоҳи

ҳисобрасӣ

(калкулятор)

- асбоби назорати

радиатсия

- воситаи ворид

кардани

мушаххасот

- мошини ҳисобу

навъбандӣ,

ҳисоби пул бо

воситаи назорати

аслияти пулҳо

- мошини

бастабандӣ

- низоми

электронии

тасдиқи аслияти

санадҳои

хазинавӣ

+ + +

+ + +

+ + +

- - -

+ + +

+ + +

+ + +

+ + +

а) Мизи хазинадорони хазинаи бозшуморӣ бо девораҳои шаффоф, ки ҷойҳои

кориро аз ҳам ҷудо мекунад ҷиҳозонида мешавад.

б)Таҷҳизонидан бо курсиҳои муқаррарии ғайригардон низ иҷозат дода

мешавад.

в)Ҳангоми зарурат, дар ҳолати зиѐд будани ҳаҷми бозшуморӣ дар макони

алоҳидаи хазинаи бозшуморӣ якчанд мошин гузошта мешавад.

г)Ба истифодаи як асбоб аз ҷониби якчанд хазинадор иҷозат дода мешавад.

ғ)Ҷойҳои кории нозирон (мудирони хазинаҳои бозшуморӣ) муҷаҳҳаз карда

мешавад.

Дар хазинаи бозшуморӣ имкон дорад, ки калкуляторҳои бевасилаи

чопгарӣ истифода гарданд.

д)Ҳангоми ҷиҳозонидани ҷойҳои кории хазинадорон бо мошинҳои ҳисобу

навъбандӣ онҳо мутобиқи қоидаҳои истифодаи ин мошинҳо муҷаҳҳаз карда

мешаванд.

Page 54:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

54

2. Ҷойи кории мудири хазина (муоинагар) барои гузаронидани таҳқиқи

қобили пардохт будани пулҳо бояд дорои таҷҳизоти зерин бошад:

зарранамои дучашмаи барҷастабинӣ (стереоскопӣ), зарранамои таҳқиқии

нургузар, асбобҳо барои хондани аломатҳои фаробунафш, магнитӣ ва

метамерӣ дар пулҳо, дастгоҳи акснамо, лавозимоти озмоишгоҳӣ.

3. Утоқи бозшумории пули муштариѐн бо мошинҳои ҳисоби пул

муҷаҳҳаз карда мешавад.

Замимаи №2

ба Дастурамали №227 “Оид ба корҳои

хазинавӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ва

ташкилотҳои қарзии молиявӣ”

ШАРТНОМАИ НАМУНАВӢ

дар бораи ҷавобгарии пурраи моддӣ

“___” с. 20______ №__________ шаҳри _________

(Бонки миллии Тоҷикистон ѐ номи ташкилоти қарзии молиявӣ)

дар симои ______________________________________________________

(роҳбар)

, ки дар асоси ______ амал менамояд, минбаъд “Корфармо” номида мешавад

аз як тараф ва ____________________________________________

(ному насаб, вазифа)

,ки минбаъд “Корманд” номида мешавад аз тарафи дигар, Шартномаи

мазкурро бо шартҳои зерин бастанд:

1. Корманде, ки вазифаи _______________________________-ро ишғол

(номи вазифа) менамояд ѐ кори ______________________________ -ро иҷро

Page 55:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

55

мекунад ва бевосита бо нигоҳдорӣ, коркард, бозшуморӣ, гузаронидани

муоина, қабул, додан ва ҷойтабдилии дороиҳо алоқаманд аст, барои таъмин

накардани муҳофизати дороиҳое, ки ба ӯ вогузор шудааст, ҷавобгарии

пурраи моддӣ ба зимма мегирад ва вобаста ба гуфтаҳои боло уҳдадор

мешавад:

2. Корманд уҳдадор аст:

- бо дороиҳои ба ӯ барои нигоҳдорӣ ѐ бо мақсадҳои дигар додашуда

боэҳтиѐт муносибат намояд ва барои пешгирии зарару хисорот чораҳо

андешад;

- ба Корфармо дар хусуси ҳамаи ҳолатҳое, ки ба таъмини муҳофизати

дороиҳои ба зиммаи ӯ вогузоршуда таҳдид мекунанд, сари вақт хабар диҳад;

- қоидаҳои муқарраршудаи анҷоми амалиѐт бо дороиҳо ва нигаҳдории

онҳоро қатъиян риоя намояд;

- маблағи бо гуноҳи ӯ роҳѐфтаи камомад ва пулҳои ғайри қобили пардохт

ва қалбакиро, ки ошкор накардааст, ҷуброн созад;

- дар ҳеҷ куҷо, ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ андоза амалиѐти нигоҳдории дороиҳо,

фиристодани онҳо, ҳамлу нақл, муҳофизат, сигнализатсия, ҳамчунин

супоришҳои хидматиро аз рӯи хазина, ки ба ӯ маълум аст, ошкор нанамояд;

- тибқи тартиби аз ҷониби Корфармо муқарраршуда пешбурди ҳисобу

китоб, тартиб додан ва пешниҳод намудани ҳисобот оид ба гардиш ва

бақияҳои маблағҳои пулӣ ва дигар дороиҳои ба ӯ супоридашударо пеш

барад.

3. Корфармо уҳдадор аст:

- ба корманд барои кори муътадил ва таъмини пурраи нигаҳдории

дороиҳои моддии ба ӯ вогузоршуда шароити зарурӣ фароҳам орад;

- Кормандро бо қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар

хусуси ҷавобгарии моддии кормандон барои зарару хисороти воридкарда, аз

ҷумла санадҳои меъѐрии ҳуқуқӣ (дастурамалҳо, қоидаҳо оид ба нигоҳдорӣ,

коркард, фурӯш, супоридан, ҳамлу нақл ва гузаронидани амалиѐт бо

маблағҳои пулӣ ва дигар дороиҳои ба ӯ супоридашуда) шинос намояд.

4. Дар ҳолати бо гуноҳи корманд таъмин нагаштани муҳофизати

дороиҳои ба ӯ вогузоршуда, таъйини миқдори зарари ба Корфармо

расонидашуда ва ҷуброни вай мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии

Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

5. Корманд дар ҳолати бе гуноҳи вай воқеъ шудани зарар ҷавобгарии

моддӣ бар дӯш надорад.

6. Амали ин шартнома дар тамоми муддати кор бо дороиҳои моддии ба

корманд вогузоршуда идома меѐбад.

7. Шартномаи мазкур дар 2 (ду) нусхаи асл таҳия шудааст, ки онҳо

эътибори ягонаи ҳуқуқӣ доранд ва як нусхагӣ ба Тарафҳо дода мешаванд.

Page 56:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

56

8. Нишонии ҳуқуқӣ ва мушаххасоти Тарафҳо

Корфармо ________________________________________

__________________________________________________

Корманд __________________________________________

Корфармо ________________________________________

(имзо, ному насаб)

Корманд___________________________________________

(имзо, ному насаб)

Ҷ.М. Замимаи №3

ба Дастурамали №227 “Оид ба корҳои

хазинавӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ва

ташкилотҳои қарзии молиявӣ”

Номи ташкилоти қарзии молиявӣ ______________________________

Варақаи воридоти хазина

“____”_________с. 20___

Рақами амалиѐт _________________________________________

Маблағи даромад ________________________________________

Ному насаби муштарӣ ______________________________________

Суратҳисоби амалиѐт____________________________________

Номи суратҳисоб ________________________________________

Маблағи ба суратҳисоб воридшаванда (бо ҳуруф)

_______________________________________________________________

Рамз_____________________________________________________

Таъиноти амалиѐт

Пуркунии суратҳисоб ба воситаи ___________________________

______________________________________________________________

Имзои муштарӣ Нозир Хазинадор

______________________________________________________________

Page 57:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

57

Замимаи №4

ба Дастурамали №227 “Оид ба корҳои

хазинавӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон

ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ”

Номи ташкилоти қарзии молиявӣ ___________________________

Варақаи хароҷоти хазина

“____”_________с. 20___

Рақами амалиѐт _________________________________________

Маблағи хароҷот ________________________________________

Ному насаби муштарӣ _________________________________

Суратҳисоби амалиѐт____________________________________

Номи суратҳисоб ________________________________________

Маблағи аз суратҳисоб хориҷшаванда (бо ҳуруф)

_______________________________________________________________

Рамз ___________________________________________

Таъиноти амалиѐт

Хароҷот аз суратҳисоб ба воситаи ___________________________

Шиносномаи №

_____________________________________________________________

Маблағи нишондодашударо гирифтам

Имзои муштарӣ Нозир Хазинадор

______________________________________________________________

Page 58:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

58

Замимаи №5

ба Дастурамали №227 “Оид ба корҳои

хазинавӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ва

ташкилотҳои қарзии молиявӣ”

Шуъбаи танзими муомилоти пулӣ

Идораи ҳисобдорӣ

___________________________

(номи ташкилоти қарзии молиявӣ)

Тасдиқномаи №_________

аз «____»__________с.20___

Хазинаи марказии Бонки миллии Тоҷикистон дар санаи “__“ ______

с.20__ дар асоси фармоиши №_____ аз “___”______с. 20__ аз

__________________________________________________ ворид шудани

(номи ташкилоти қарзии молиявӣ)

пулҳои ___________________________ ба фонди эмиссионӣ ва хазинаи

муомилотӣ ба маблағи (номгӯи пул)

__________________________________________________________________

(маблағ бо рақам ва ҳарф)

сомониро тасдиқ менамояд.

Ҳисоби тавозунии №__________

Номинал Шумора Маблағ

(сомонӣ)

1 дирам

2 дирам

5 дирам

20 дирам

50 дирам

1 сомонӣ

5 сомонӣ

10 сомонӣ

20 сомонӣ

50 сомонӣ

100 сомонӣ

200 сомонӣ

500 сомонӣ

Ҳамагӣ:

Сардори

Page 59:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

59

Хазинаи марказӣ _______________ _______________

(имзо) (ному насаб)

Сармутахассис _______________ _______________

(имзо) (ному насаб)

Мудири хазина _______________ _______________

(имзо) (ному насаб)

Замимаи № 6

ба Дастурамали №227 “Оид ба корҳои

хазинавӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон

ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ”

________________________________

(номи ташкилоти қарзии молиявӣ)

Page 60:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

60

МАЪЛУМОТНОМАИ

хазинадори хазинаи воридот дар хусуси ҳаҷми маблағи қабулкарда ва

миқдори ҳуҷҷатҳои пулии ба хазина воридшуда

дар _______________с. 20________

№№

Ному

насаби

кормандони

амалиѐтӣ

Миқдори

ҳуҷҷатҳои

воридот, ки

ворид шудаанд

Маблағи

воридшуда

Имзои

кормандон

и

амалиѐтӣ

Ҳамагӣ

Ҳамагӣ дар як рӯз________________________________________________

(маблағи қабулкарда бо ҳарфҳо)

_________________________________________________________________

Хазинадори масъул________________________________________________

(имзо, ному насаб)

Мудири хазина___________________________________________________

(имзо, ному насаб)

Сармуҳосиб ѐ шахси масъули муҳосибот__________________________

Замимаи № 7

ба Дастурамали №227 “Оид ба корҳои

хазинавӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон

ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ”

ФЕҲРИСТИ КОРИ ХАЗИНАДОРОНИ ХАЗИНАИ БОЗШУМОРӢ

«______» _____________ с.20_____

Ному

насаби

хазинадор

Арзиши

пулҳои

коғазӣ

Миқдори

бастаҳои

қабулкарда

ва

халтачаи

тангаҳо

Маблағ

бо

рақам

Миқдори

бастаҳои

коркардшуда

Маблағ

бо

рақам

Пулҳои

коршоям

ѐ

фарсуда

Page 61:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

61

Нозир:

ш.0482145 Замимаи №8 ба

Дастурамали №227 “Оид ба корҳои хазинавӣ

дар Бонки миллии Тоҷикистон ва

ташкилотҳои қарзии молиявӣ”

САНАДИ №_____

“______” ______________c.20____ ш.Душанбе

дар хусуси бешомад, камомад, пулҳои коғазӣ дар

(пулҳои) корношоям, шубҳанок баста(ҳо), танга(ҳо) дар халтача(ҳо)

дар бастабандии

____________________________________________________________________________

(номи муассисаи чопи пул, Бонки миллии Тоҷикистон ѐ ташкилоти қарзии молиявӣ)

Санади мазкур

дар______________________________________________________________________________

(номи Бонки миллии Тоҷикистон ѐ ташкилоти қарзии молиявӣ)

дар ин хусус тартиб дода шуд, ки

(ному насаби хазинадори бозшуморикарда)

дар

ҳузури______________________________________________________________________________________

(ному насаби корманди хазинавии Бонки миллии Тоҷикистон ѐ ташкилоти қарзии молиявӣ)

дар бастаи №______________ бо бастабандии беосеб, осебдида

дар халтачаи №____________

(ному насаби хазинадоре, ки дар бастабандии ӯ камбудӣ ошкор шудааст)

бешомад, камомад, бо муҳри сурбии беосеби№

корношоям, шубҳанок бо нақши клишеи беосеб №

бо бандаки беосеб бешомад, камомад,

бо бандаки осебдида корношоям, шубҳанок

______________________________________________________________________ пулҳои коғазӣ, танга(ҳо)-и

Page 62:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

62

(миқдор бо рақам ва ҳарфҳо)

арзишаш (он) ______________________________________- ро ба маблағи

(маблағ бо рақам ва ҳарфҳо)

ошкор намуд.

Бастаи нишондодашуда ба миқдори _____ даста, ки аз он бешомад, камомади пулҳои коғазӣ,

пулҳои коғазии корношоям ѐ шубҳанок ошкор гардид, танга аз халтача, ки аз он тангаи

корношоям, шубҳанок аз тарафи

хазинадор____________________________________________________________________________________

__

(ному насаб)

дар ҳузури ____________________________________________________такроран пурра бозшуморӣ шуд ва

( вазифа, ному насаб)

бешомад, камомад пулҳои коғазӣ, (тангаҳо) ба маблағи __________________________

корношоям, шубҳанок (маблағ бо рақам ва ҳарфҳо)

тасдиқ гардид.

Ба санад замима мегардад: - рӯйбаст

- дастабандӣ аз дастае, ки камбудӣ ошкор шудааст

- гиреҳбанд (:) бо муҳри сурбӣ (бастабандии полиэтиленӣ бо нақшҳои клише), ки дар он

камбудӣ ошкор шуд.

Имзоҳо: _______________________

_______________________

_______________________

Page 63:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

63

Замимаи № 9

ба Дастурамали №227 “Оид ба корҳои

хазинавӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон

ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ”

“______” ______________c.20___ ш. Душанбе

С А Н А ДИ №________

Тартиб дода шуд дар ин хусус, ки ҳангоми бозшумории пулҳои коғазии

коршоями/фарсудаи бастабандии хазинадори

______________________________________________________________

(номи ташкилоти қарзии молиявӣ)

__________________________________________________________________

__

(ному насаби хазинадор)

пулҳои фарсудаи/коршоями

арзишашон_______ба миқдори__________________________

ба маблағи_____________________________________________

________________________________________________________

(бо рақам ва ҳуруф)

ошкор карда шуд.

Ба санад маводи бандубаст замима мегардад.

Хазинадори Хазинаи марказии

Бонки миллии Тоҷикистон ______ ________

(имзо) (ному насаб)

______ ________

(имзо) (ному насаб)

Дар ҳузури: ______ ________

(имзо) (ному насаб)

______ ________

(имзо) (ному насаб)

Замимаи № 10

ба Дастурамали № 227 “Оид ба корҳои

хазинавӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон

ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ”

Page 64:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

64

_________________________________________________________________

(Бонки миллии Тоҷикистон ѐ номи ташкилоти қарзии молиявӣ)

МАЪЛУМОТНОМАИ

хазинадори хазинаи хароҷот дар хусуси маблағи пулҳои нақди додашуда ва

маблағи зери ҳисоб гирифташуда

дар «____» ____________ с. 20___

Зери ҳисоб

__________________________________________________________

(маблағ бо рақам ва ҳарфҳо)

____ _________________________________________________гирифта шуд

Ному насаби

кормандони

амалиѐтӣ

Миқдори

ҳуҷҷатҳо

Маблағи хароҷот Имзои

кормандони

амалиѐтӣ

Ҳамагӣ:

Бақияи пул дар охири рӯз

_____________________________________________

(маблағ бо рақам ва ҳарфҳо)

Хазинадор_______________________________________________________

Мудири хазина __________________________________________________

(имзо, ному насаб)

Замимаи №11

ба Дастурамали №227 “Оид ба корҳои

хазинавӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ва

ташкилотҳои қарзии молиявӣ”

_________________________________________________________________

(Бонки миллии Тоҷикистон ѐ номи ташкилоти қарзии молиявӣ )

МАЪЛУМОТНОМАИ ҶАМЪБАСТӢ

Page 65:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

65

ДАР ХУСУСИ

МУОМИЛОТИ ХАЗИНАВӢ

дар «_____» _______________ с. 20____

Миқдори ҳуҷҷатҳо Маблағ

Воридоти якрӯза

Хароҷоти якрӯза

Мудири хазина _________________________________________________

(имзо, ному насаб)

Муқоиса шудааст:

Сармуҳосиб___________________________________________________

(имзо, ному насаб)

Замимаи № 12

ба Дастурамали №227 “Оид ба

корҳои хазинавӣ дар Бонки миллии

Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии

молиявӣ”

САНАДИ ___

муоинаи пулҳои нақд

Тартиб дода шуд дар он хусус, ки «_____» ________соли 20__ аломат

(ҳо)-и пулие, ки ҳангоми бозшумории пули нақди аз

________________________________

(ном)

қабулгардида ошкор карда шудааст(анд), барои муоина ворид гаштааст(анд).

Page 66:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

66

Муоинаи гузаронидашуда муқаррар намуд, ки аломат (ҳо)- и пули нақди

зерин:

__________________________________________________________________

(арзиш ва мушаххасот нишон дода шавад)

__________________________________________________________________

__________________________________________________________________

__________________________________________________________________

__________________________________________________________________

__________________________________________________________________

(ҳақиқӣ, ғайрипардохтӣ, дорои нишонаҳои қалбакӣ (зарурати муоинаи

иловагӣ) дониста шудааст (анд).

Асос: ____________________________________________________________

Мудири хазина, мутахассиси муоинаи аломатҳои пулии

Бонки миллии Тоҷикистон ____________________________________

(имзо, ному насаб)

Замимаи № 13

ба Дастурамали №227 “Оид ба корҳои

хазинавӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон

ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ”

САНАДИ

супоридани пулҳои қалбакӣ

_____________________________________ дар симои

__________________________________________________________________

(Бонки миллии Тоҷикистон ѐ номи ташкилоти қарзии молиявӣ)

(вазифа, ному насаб) ________________ бо иштироки муҳосиб

_______________________________________

(ному насаб)

пулҳоеро, ки нишонаҳои қалбакӣ доранд, мувофиқи рӯйхат ба ______

__________________________ дар симои ______________________________

(мақомоти корҳои дохилӣ) (шахси мансабдори мақомоти корҳои

дохилӣ)

__________________________________________ супорид.

РӮЙХАТ

Бонки Арзиш Соли Силсила Мушаххасоти Аз кӣ ва

ношир (номинал) барориш рақам кай ворид

Page 67:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

67

шудааст

ЗАМИМА: пулҳо ба миқдори ________________________________

Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон ѐ ташкилоти қарзии молиявӣ

____________________________________________

(имзо) (ному насаб)

МУҲОСИБ _____________________________________

(имзо) (ному насаб)

Ҷ.М.

Намояндаи мақомоти корҳои дохилӣ

___________________________________________

(имзо) (ному насаб)

«_____» ________________________соли ____________________.

Замимаи № 14

ба Дастурамали №227 “Оид ба корҳои

хазинавӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон

ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ”

Бонки миллии Тоҷикитон «_______» __________ с. 20___

РӮЙХАТИ

пулҳои нақди ба муоина фиристодашаванда

№№ б/т Арзиш Силсила ва рақам Миқдор

Маблағи умумии пулҳои нақде, ки ба муоина фиристода мешаванд,

_________________________________________________________ cомониро

(бо рақам ва ҳарфҳо)

ташкил медиҳад.

Сардор__________________________

(имзо, ному насаб)

Page 68:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

68

Сармуҳосиб_________________________________________

(имзо, ному насаб)

Мудири хазина________________________________________

(имзо, ному насаб)

Замимаи № 15 ба

Дастурамали №227 “Оид ба корҳои

хазинавӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон

ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ”

_______________________________________________________________

(Бонки миллии Тоҷикистон ѐ номи ташкилоти қарзии молиявӣ)

Муҳлати нигоҳдорӣ 10 cол

Намояи _____________

Ҳуҷҷатҳои хазинавӣ “______”___________с.20______

Ҳуҷҷатҳои хазинавии воридот, рақами ҳисоб, миқдор ___адад с.______

Ҳуҷҷатҳои хазинавии хароҷот, рақами ҳисоб, миқдор ___адад с.______

Ҳуҷҷатҳои хазинавии воридот, рақами ҳисоб, миқдор___адад с. ______

Ҳуҷҷатҳои хазинавии хароҷот, рақами ҳисоб, миқдор___адад с. ______

Ҳуҷҷатҳои муҳлати нигоҳдориашон дигар гирифта шуд:

Ҳуҷҷатҳои воридот миқдор _____адад с.__________

Ҳуҷҷатҳои хароҷот миқдор_____адад с.__________

Мудири хазина

(Сархазинадор) _______________________________

Хазинадор ____________________________________

Санҷиш гардид: Сармуҳосиб _________________________

Page 69:  · Author: z_yakubov Created Date: 9/13/2018 7:26:27 AM

69