36
ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯ ВА ИЌТИСОДИ ТОЉИКИСТОН СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ДОНИШГОЊИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯ ВА ИЌТИСОДИ ТОЉИКИСТОН БАРОИ СОЛЊОИ 2019-2023 ДУШАНБЕ-2019

ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

  • Upload
    others

  • View
    3

  • Download
    0

Embed Size (px)

Citation preview

Page 1: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

ДОНИШГОЊИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯ ВА ИЌТИСОДИ ТОЉИКИСТОН

СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ДОНИШГОЊИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯ ВА

ИЌТИСОДИ ТОЉИКИСТОН БАРОИ СОЛЊОИ 2019-2023

ДУШАНБЕ-2019

Page 2: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

Дар љаласаи васеи Шўрои олимони Донишгоњи давлатии молия ва иќтисоди Тољикистон аз 10.01.2019 тањти №5/5

тасдиќ карда шудааст.

Стратегияи рушди Донишгоњи давлатии молия ва иќтисоди Тољикистон барои солњои 2019-2023 / Зери тањрири умумии н.и.и., дотсент, ректори ДДМИТ Хайрзода Ш.Қ. – Душанбе: ДДМИТ, 2019. – сањ.32.

Њайати тањририя:

Нурализода А.Н. - муовини якум, муовини ректор оид ба таълим, номзади илмњои иќтисодї, дотсент; Сафаров Б.Г. – муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмњои иќтисодї, дотсент; Қодиров Ф.А. - муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмњои иқтисодї, дотсент; Қодирова Б.А. - муовини ректор оид ба тарбия, номзади илмњои педагогӣ, дотсент; Муродов Д.А. - муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагӣ.

©ДДМИТ, 2019

Page 3: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

Ҳукумати мамлакат дар роҳи татбиқи нақшаҳои стратегии худ ҳамеша ба омӯзгорон ва умуман, ба кормандони соҳаи илму маориф такя менамояд, зеро онҳо дар ҳифзу нигаҳдошти дастовардҳои истиқлолият ва рушди минбаъдаи кишвар нақши пурарзиш доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон

Page 4: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

Њадафњои олии тањия ва татбиќи СТРАТЕГИЯИ МАЗКУР

аз нишондодњои зерини Стратегияи миллии рушди Љумњурии Тољикистон барои давраи то соли 2030 сарчашма

мегиранд: Рисолат, ё моњияти пешрафти минбаъда – ин бунёди

Тољикистони соњибистиќлол, шукуфон, аз лињози иќтисодї ва сиёсї босубот мебошад.

… Мо бояд барои дарки дурусти ин раванд омода бошем ва аз имрўз самтњои модели рушди ояндаро муќаррар намуда, хусусиятњои сифатии онро муайян созем.

Омили такондињандаи чунин модели рушд захираи инсонї бо љузъњои асосии таркибии он – маориф ва илм, њамчун шарти муњимтарини баланд бардоштани сатњи амнияти миллї ва раќобатпазирии иќтисодиёти миллӣ, ба њисоб меравад.

Ташаккулдињии талабот ба низоми тайёркунии кадрњои касбї, аз љумла бо љалби корфармоёни потенсиалї.

Тайёр кардани мутахассисоне, ки ба талаботи бозори мењнати муосир љавобгў мебошанд - њамчун тадбири асосии такмилдињии сиёсати иќтисодї ва низоми институтсионалї.

Тамоми сатњњои тањсилот бояд ба стандартњои сифат љавобгў бошанд;

Сифат ва миќёси тањсилоти касбї бояд раќобатпазирии иќтисодиёти кишварро таъмин намояд;

Байни низоми маориф ва бозори мењнат бояд алоќаи зич бошад, ки тавозуни пешнињоди мутахассисони дараљаи мухталифро аз рўи талаботи бозори мењнат таъмин кунад;

Фаъолсозии корњои илмию тадќиќотї оид ба нигоњ доштани гуногунии биологї, мутобиќшавӣ ба таѓйирёбии иќлим ва устувории экосистемањои кўњї (ташаккулдиҳандаи љараёни об);

Низоми маориф дар тамоми сатњњо бояд барои ташаккулёбии дониш ва малакаи зарурї љињати рушди устувор мусоидат намояд.

Page 5: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

ЛОГОТИПИ ДОНИШГОЊИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯ ВА ИЌТИСОДИ

ТОЉИКИСТОН

ТАВСИФИ УНСУРЊОИ ЛОГОТИП: ДОИРА – нишони беохирї, камолот, сохти

геометриест, ки беохир будани коинот, ваќт, њаёт ва ягонагиро тавсиф медињад.

ОФТОБ - нишони неруи созанда ва сарчашмаи рўшної. ТИРЧА ВА СУТУНЧАЊО - ифодаи кўњњои осмонбўси

Тољикистон ва нишони даврї будани инкишофи иќтисодї. КУЛОЊИ МАГИСТРЇ - нишони мављудияти њамаи

зинањои тањсилоти олии касбї дар донишгоњ. КУРАИ ЗАМИН - ифодаи тамоюли љањонӣ доштани

тањсилот ва низоми ягона будани љањони имрўза. КИТОБИ КУШОДА - нишони зиндагї, омўзиш, дониш,

хирад. ШАМЪ - равшаникунандаи роњи инсоният, нишони

муошират ва муколама, нерўи гармибахшанда ва созандаи оташ.

ХОМА ВА РАНГДОН - рамзи илм ва эљодиёт, нишонаи ќадима будани илму фарњанги тољик, унсурњое, ки хазинаи бузурги илму маърифати башариятро та ба мо расонидаанд.

Page 6: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

САРСУХАН Стратегияи рушди (минбаъд Стратегия) Донишгоњи

давлатии молия ва иќтисоди Тољикистон (минбаъд ДДМИТ, Донишгоњ) њадафњою вазифањои калидї ва самтњои мушаххаси рушди минбаъдаи Донишгоњро барои солњои 2019-2023 муайян месозад. Таљриба нишон медињад, ки тањияи роњнамои мушаххаси рушд, ошкорсозии самтњои асосии инкишоф, тањияи харитаи роњ ва заминаву воситањои ноилшавї ба он шарти асосии таъмини раќобатпазирии муассисањои тањсилоти олии касбї ба њисоб рафта, муњиммият ва ањамияти тањия ва татбиќи Стратегияи мазкурро асоснок мекунад. Аз ин рў, дар Стратегияи мазкур тањлили стратегии вазъи донишгоњ гузаронида шуда, миссия, самтњои стратегии рушд ва маќсаду вазифањои стратегї нишон дода мешаванд. Дар баробари ин, механизми татбиќи Стратегия ва индикаторњои инкишофи стратегї мушаххас гардида, рафти иљроиши вазифањои стратегия њамасола дар њисоботи солонаи ректори донишгоњ баррасї ва натиљагирї карда мешавад.

Ќобили ќайд аст, ки зимни тањияи Стратегияи мазкур нишондодњои стратегия, барнома ва консепсияњои зерин ба инобат гирифта шудааст:

- Стратегияи миллии рушди Љумњурии Тољикистон барои давраи то соли 2030.

-Стратегияи миллии рушди маорифи Љумњурии Тољикистон то соли 2020;

- Стратегияи давлатии рушди бозори мењнати Љумњурии Тољикистон то соли 2020;

- Барномаи рушди инноватсионии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2020;

- Консепсияи рушди тањсилоти касбї дар Љумњурии Тољикистон;

- Консепсияи миллии тарбия дар Љумхурии Тољикистон;

Page 7: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

- Консепсияи ташаккули Њукумати электронї дар Љумњурии Тољикистон.

Стратегияи мазкур имконият медињад, ки дар асоси он сохторњои таркибии донишгоњ, аз љумла факултетњо, Пажўњишгоњи илмию тадќиќотии «Молия», Маркази такмили ихтисоси кормандони соњаи молия, Парки технологї наќшаи чорабинињои мушаххасро тањия ва татбиќ намоянд.

Стратегия барои солњои 2019-2023 тањия карда шуда, дар ин муддат донишгоњ тасмим дорад дар самти таълим, корњои илмию тадќиќотї, ташкилию тарбиявї, тавсеаи робитањои байналмилалї, тањкими заминањои инфрасохторї ва такмили идоракунии фаъолияти молиявию хољагидорї иќтидорњои мављударо таќвият бахшад. Стратегия дар асоси риояи принсипњои системанокї ва мутавозинї тањия карда шуда, тавассути ба ќисматњои алоњида људо намудани самтњои фаъолияти донишгоњ дурнамои миёнамуњлати рушди онро муайян месозад.

Стратегияи мазкурро тањия ва ќабул намуда, раёсат, роњбарони сохторњои таркибї ва устодону кормандони донишгоњ иљроиши онро дар маљмўъ ва вобаста ба самтњои дахлдор таъмин менамоянд.

Page 8: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

МАФЊУМЊОИ АСОСЇ Дар Стратегияи мазкур мафњумњои зерин истифода

карда шудаанд: - Миссия – маънои будани ташкилот, рисолати он барои субъектњое, ки онро ињота мекунанд; - Стратегия - муайянкунии дарозмуддат ва сифатноки самтњои рушди ташкилот, ки соња, восита ва шаклњои фаъолияти он, низоми муносибати байнињамдигарї дар дохили ташкилот ва мавќеи онро дар муњити атроф дар бар мегирад; - Маќсади (маќсадњои) стратегї - як ва ё якчанд маќсадњо, ки њолати чашмдошти ташкилотро инъикос мекунанд; - Самтњои стратегї- самтњои фаъолияти ташкилот, ки ба миссияи он мувофиќ буда, иљроиши он бо захирањо таъмин карда мешавад.

МАЌСАДИ АСОСИИ СТРАТЕГИЯ: - бо маќсади омода кардани мутахассисони

баландихтисос ва раќобатпазири соњаи молияву иќтисод, кормандони илмию омўзгорї ва аз такмили ихтисос гузаронидани кормандони соњаи молияву иќтисод такмил додани сохтор, тањкими пояи моддиву техникї, истифодаи усулњои муосири таълим, тањияи барномањои ба талаботи стандартњои байналмилалї љавобгўй;

- тањкимбахшї ва таќвияти љањонбинии илмї, фарњангию сиёсї, худшиносиву худогоњї ва дар заминаи ҳисси ватандўстию ватанпарастї омода кардани кадрњои баландихтисос;

- тарѓиби муњиммияти љањонбинии техникї ва технологї, маърифати молиявї ва донистани забони давлатї ва забонњои хориљї.

Page 9: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

СТРАТЕГИЯИ МАЗКУР ПАНЉ САМТИ СТРАТЕГИРО ДАР БАР МЕГИРАД, КИ БА ОНЊО

ШОМИЛАНД:

Амалї сохтани чорабинињои дар Стратегия нишондодашуда ба тањкими заминаи моддї-техникї, иќтидори кадрии донишгоҳ ва ба муассисаи тањсилоти олии касбии пуриќтидор табдил додани донишгоњ мусоидат менамояд.

Самти 1.

•Такмили барномањои таълимї, ки ба ташаккулинизоми омодакунии мутахассисони раќобатпазирравона шуда, ба њамгироии таълим, илм ваистењсолот такя мекунанд.

Самти 2.

•Таъмини самаранокии корњои илмию тадќиќотї ватиљоратикунонии натоиљи коркардњои илмиюинноватсионї бо назардошти афзалиятњои рушдистратегии иќтисодиву иљтимоии ЉумњурииТољикистон;

Самти 3.

•Густариши њамкорињои байналмилалї, ки баљорисозии стандартњои нав ва ноилшавї ба сатњисифати байналмилалии тањсилот муосидат мекунад;

Самти 4.

•Ташаккули фазои мукаммали маънавї, инкишофисалоњияти иљтимоию фарњангї, маънавию ахлоќї вашахсї;

Самти 5.

•Ташаккули инфрасохтори муосири тањсил, илмиютадќиќотї, кору фаъолият, маданию маишї,техникию тахнологї ва инноватсионї.

Page 10: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

МАСИРИ ТАЪРИХИИ ТАШАККУЛ ВА ИНКИШОФИ ДОНИШГОЊ

Донишгоњи давлатии молия ва иќтисоди Тољикистон бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон тањти №169 аз 27-уми марти соли 2018 дар заминаи Донишкадаи молия ва иќтисоди Тољикистон таъсис дода шудааст.

Истиќлолияти давлатї ва вањдати миллї на танњо пояњои давлати миллии тољикон - Тољикистони соњибистиќлолро устувор намуд, балки дар ташаккули бахшњои иќтисодиву иљтимої ва фарњангиву сиёсї низ шароити мусоидро фароњам овард. Дар ин замина, дар даврони истиќлолият соњаи маориф ва илм низ рушду густариш ёфта, шумораи зиёди муассисањои таълимии муосири зинањои гуногуни тањсилот бунёд гардид. Барои мисол, агар соли 1991 дар Љумњурии Тољикистон њамагї 13 муассисаи тањсилоти олї фаъолият мекард, айни замон шумораи онњо 39 ададро ташкил медињад.

Ќобили ќайд аст, ки Донишкадаи молия ва иќтисоди Тољикистон дар заминаи Донишкадаи иќтисодии Тољикистон ва Донишкадаи молияи Тољикистон, ки њарду зодаи даврони истиќлолият мебошанд, таъсис дода шуда буд. Донишкадаи молияи Тољикистон дар заминаи Техникуми молиявї-иќтисодии шањри Душанбе таъсис ёфта буд, ки дар давраи фаъолияташ, яъне аз соли 1973 то ба донишкада табдил ёфтанаш, барои хољагии халќи кишвар ва берун аз он мутахассисони варзидаро омода кардааст.

Донишгоњ дар давраи начандон зиёди фаъолияти худ ба натиљањои назаррас ноил шуда, тавассути мењнати софдилонаи устодону кормандон ва дастовардњои донишљўёну магистрон ба яке аз муассисањои пуриќтидори соњавии тањсилоти олии касбии кишвар мубаддал гардид.

Донишгоњ барои комёбињо ва дастовардњои дар самти идоракунии муассиса, баланд бардоштани сифати

Page 11: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

таълим ва љорї намудани технологияву инноватсияњо дар муддати фаъолияти худ санаи 22-юми марти соли 2015 дар шањри Женева сазовори «Тољи тиллоии сифат» (Gold quality Crown) шуд. Дарёфти љоизаи мазкур донишгоњро аъзои баргузидаи WorldCob ва љамъияти байналмилалии BID гардонид. Дар баробари ин, 1-уми октябри соли соли 2015 дар шањри Лас-Вегаси Амрико барандаи љоизаи Конфедератсияи љањонии бизнес BIZZ-2015 гардид.

Мутахассисоне, ки донишгоњ дар тӯли фаъолияти худ омода намудааст, имрўзњо дар соњањои гуногуни хољагии халќ, хизмати давлатї, илму маориф фаъолият намуда, аксари онњо намояндагони муваффаќи олами тиљорат ва соњибкорї мебошанд. Донишгоњ иштирокчии фаъоли муносибатњои љамъиятї, маркази бузурги омодакунии мутахассисони баландихтисоси соњаи молия ва иќтисод ва кадрњои илмию педагогї ба њисоб меравад.

ТАВСИФИ УМУМИИ ДОНИШГОЊ

Донишгоњи давлатии молия ва иќтисоди Тољикистон муассисаи давлатии таълимї буда, аз рўйи 40 ихтисос мутахассисони баландихтисоси соњањои молия, иќтисод ва њуќуќи иќтисодиро омода мекунад. Дар баробари муассисаи таълимї буданаш дар донишгоњ аз рўйи 27 мавзўъ корњои илмию тадќиќотї анљом дода шуда, дар робита ба ин Пажўњишгоњи илмию тадќиќотии «Молия»-и назди донишгоњ низ доираи васеи муносибатњои молияи давлатиро тадќиќ менамояд. Сохтори ташкилию идоракунии донишгоњ дар асоси принсипњои муосири менељменти мактаби олї ва идоракунии донишгоњї тањия ва аз љониби Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон ва Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда шудааст (Расми 1).

Page 12: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

Расми 1. Сохтори ташкилию идоракунии Донишгоњи давлатии

молия ва иќтисоди Тољикистон

Донишгоҳ муассисаи давлатии таълимии тањсилоти олии касбї буда, барномањои тањсилоти олии касбї ва тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимї, маълумоти иловагии олии касбї, такмили ихтисос ва корњои илмї-тадќиќотиро амалї месозад.

Айни замон дар ДДМИТ 5 раёсат, 9 шуъба, 6 факултет, 27 кафедра ва зиёда аз 13 бахшу марказ фаъолият доранд. Дар назди донишгоњ Пажўњишгоњи илмию тадќиќотии “Молия”, Маркази такмили ихтисоси кормандони соњаи молия ва Парки технологї низ фаъолият мекунанд.

Дар донишгоњ факултетњои зерин аз рўйи самтњои гуногун мутахассисони соњаи молия, иќтисод ва њуќуќи иќтисодиро омода мекунанд:

- Факултети молия ва ќарз, ки дар њайати он се кафедраи тахассусї, аз љумла кафедраи молия, фаъолияти

Page 13: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

бонкї ва фаъолияти биржавї ба омодакунии мутахассисон машѓуланд.

- Факултети технологияњои иттилоотї дар иќтисодиёт низ дар заминаи се кафедраи тахассуси, аз љумла моделсозии математикї ва иттилоотї, система ва технологияњои иќтисодї ва информатикаи амалї дар иќтисодиёт мутахассис омода мекунад.

- Факултети иќтисод ва бизнес бошад, дар заминаи кафедрањои андоз ва андозбандї, суѓурта ва иќтисодиёти корхонањо ва соњибкорї мутахассисони соњаи андоз, суѓурта, фаъолияти рекламавї, иќтисодиёт ва идораи корхонањо ва идораи давлатї мутахассис омода менамояд.

- Факултети муносибатњои иќтисоди байналмилалї, ки кафедрањои тахассусии иќтисоди љањон ва тиљорати байналхалќї, фаъолияти гумрук ва муносибатњои молиявї-ќарзии байналхалќиро дар бар мегирад, мутахассисони соњаро бо забонњои тољикї, русї ва англисї омода менамояд.

- Факултети њисобдорї ва омор дар заминаи кафедрањои тахассусии бањисобгирии муњосибї, аудит ва ревизия, тањлили иќтисодї ва омор мутахассис омода мекунад.

- Факултети менељмент ва њуќуќи иќтисодї, ки аз се кафедраи тахассусї иборат мебошад, мутахассисонро аз рўйи равияњои менељмент, њуќуќи иќтисодї, молиявї ва зиддикоррупсионї ва менељменти молиявї омода мекунад.

Донишгоњ дорои 4 бинои таълимї буда, дар онњо барои як басти таълимї 5200 љойи нишаст пешбинї шудааст. Дар баробари ин, ду маркази бузурги технологияњои муосири компютерї бо 200 љойи нишаст барои ќабули имтињонњо ва 1 озмоишгоњи муосири компютерї омодаи фаъолиятанд.

Дар донишгоњ заминаи муосир ва мукаммали моддию техникї фароњам оварда шудааст. Айни замон дар донишгоҳ зиёда 2000 таҷҳизоти муосири информатсионию

Page 14: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

коммуникатсионии навъи гуногун харидорї ва насб карда шудаанд. Аз инњо: 908 адад компютери фардї, 124 адад ноутбук, 241 адад принтери навъҳои гуногун, 369 адад UPS, 73 адад свитч, 13 WiFi-роутер, 42 проектор, 24 тахтаи электронӣ, 9 планшети деворӣ, 12 экрани баннерӣ ба њисоб мераванд. Дар баробари ин, дар донишгоњ 10 синфхонаи компютерї, аз љумла, 2 маркази интернетї ва 2 китобхонаи электронї мавриди истифода ќарор доранд.

Айни замон дар донишгоњ 464 нафар омўзгор ба фаъолияти таълимию методї ва илмию тадќиќотї машѓуланд, ки аз онњо 408 нафарашон омўзгори штатї ва њамкори дохила ва 56 нафарашон омўзгорони њамкор мебошанд. Шумораи умумии устодони дараља ва унвони илмидошта 122 нафарро ташкил медињад.

Шумораи донишљўён то санаи 30.11.2018 7637 нафарро (4818 шуъбаи рўзона, 2819 шуъбаи ѓоибона) ташкил дода, аз онњо 1497 нафар тариќи буљавї ва 6140 нафар тариќи шартномавї ба тањсил фаро гирифта шудаанд. Аз шумораи умумї 1681 нафарро духтарон ва 5956 нафарро писарон ташкил медињанд.

Дар зинаи магистратура аз рўи 12 ихтисос магистрон ба тањсил фаро гирифта шудаанд, ки шумораи умумии онњо 419 нафарро ташкил медињад. Дар баробари ин, дар зинаи докторантура аз рўйи ихтисос 43 нафар аз рўйи 7 ихтисос, аз рўйи низоми аспирантура 41 нафар ва ба сифати унвонљў 59 нафар ба тањсил ва корњои илмию тадќиќотї фаро гирифта шудаанд.

Донишгоњ дорои Китобхонаи илмї мебошад, ки дар он 98 800 нусхаи китобњои илмию таълимї ва бадеї, рисолањои докторию номзадї ва зиёда аз 500 000 китоби электронї мављуд аст.

Донишгоњ бо зиёда аз 90 муассисаи тањсилоти олии касбї, марказњои илмию тадќиќотии хориљї ва созмону ташкилотњои байналхалќї шартномаи њамкорї дорад. Айни замон дар донишгоњ шањрвандони 6 давлати хориљї тањсил мекунанд. Њамасола устодону кормандон ва

Page 15: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

донишљўёни донишгоњ ба кишварњои хориљї сафар намуда, дар чорабинињои гуногуни илмию омўзиши ва озмуну олимпиадањо иштирок менамоянд. Дар донишгоњ чор лоињаи грантї татбиќ шуда, дар ин самт чорањои мушаххас ба наќша гирифта шудаанд.

Раванди таълим бо анвою љињози муосири таълимї ва информатсионию коммуникатсионї таъмин карда шуда, барои кору фаъолият ва тањсил шароити мусоид ва созгор фароњам оварда шудааст.

Дар донишгоњ мунтазам семинарњои таълимию методї, конференсия ва њамоишњои илмию тадќиќотии сатњи гуногун, чорабинињои ташкилию тарбиявї, фарњангї ва шанбегиву корњои ободонї баргузор карда мешаванд.

1. ТАЊЛИЛИ СТРАТЕГИИ ДОНИШГОЊИ ДАВЛАТИИ

МОЛИЯ ВА ИЌТИСОДИ ТОЉИКИСТОН 1.1. Муњити берунаи Донишгоњ

1.1.1. Тањдидњои муњити беруна Омўзиш ва баррасии вазъи донишгоҳ нишон

медињад, ки дар баробари дастовардњо дар њамаи самтњои фаъолият маљмўи масъалањои њалталабе мављуданд, ки бояд сари ваќт бартараф карда шаванд. Вобаста ба ин дар шароити зудтаѓйирёбандагии бозори хадамоти тањсилотї ва талаботи бозори мењнат бояд мутахассисонеро омода намуд, ки раќобатпазир ва соњибтахассус бошанд. Аз ин рў, шинохти мушкилот ва сари ваќт бартараф намудани он таќозо менамояд, ки мавќеъ ва самтњои афзалиятноки рушди донишгоњ тањлил ва ташхис карда шавад. Дар ин замина, тањлили омилњои муњити берунї наќши муассир доранд. Ба ин омилњо шомиланд:

- барзиёд омода кардани мутахассисони соњаи молия ва иќтисод дар муассисањои тањсилоти олии касбии љумњуриявї ва минтаќавї. Солњои охир ќариб дар тамоми муассисањои тањсилоти олии касбии кишвар аз рўйи равияву ихтисосњои соњаи молия ва иќтисод шумораи

Page 16: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

зиёди донишљўён ба тањсил фаро гирифта мешаванд. Дар баробари ин, дар филиалњои муассисаи тањсилоти олии касбии кишварњои хориљї, ки дар Љумњурии Тољикистон таъсис дода шудаанд, аз рўйи равияњои молия ва иќтисод мутахассисон омода карда мешаванд. Њамасола тавассути квотањои байнидавлатї, ташкили ќабули довталабон ба донишгоњњои хориљї шумораи зиёди довталабон ба донишгоњњои хориљи кишвар ќабул карда мешаванд. Аз ин рў, мављудияти раќобат таќозо менамояд, ки донишгоњ бо маќсади нигањдории нуфуз ва иљрои наќшаи ќабул чорањои мушаххасро тањия ва татбиќ намояд;

- коњиши љолибияти муассисањои молиявию бонкї њамчун љойи кор барои мутахаасисони љавон. Буњрони бонкї ва истифодаи технологияњои муосир на танњо ба ихтисори љойњои корї, балки ба кам шудани талаботи муассисањои молиявию ќарзї ба мутахассисони нав боис мегардад. Дар баробари ин, номувозинатї дар њамоњангии бозори мењнат ва низоми омодакунии кадрњои соња низ сабаби барзиёдии мутахассисони касбу кори алоњида дар бозор мегарданд;

- раќобати шадид дар бозори омодакунии кадрњои соњавї ва раќобатпазир набудани хатмкунандагон. Дар баробари зиёд будани интихоб аз рўйи равияњои молия ва иќтисод, сатњи начандон хуби дониш ва љањонбинии довталабон низ аз љумлаи омилњои ташвишовари муњити беруна ба њисоб мераванд. Вобаста ба ин, бояд дар ояндаи наздик бо маќсади љалби довталабони боистеъдод ва лаёќатманд тадбирњои мушаххас андешида шавад. Аз љумла, дар ин самт ташкили сикли пурраи омода кардани мутахассиси соњибтахассус ва раќобатпазир тавассути ташкили литсей ва коллељњо метавонад наќши калидї дошта бошад.

Дар маљмўъ, дар шароити љањонишавї ва инкишофи раќобат дар бозор хадамоти тањсилотї таркиб ва таъсири омилњои берунї метавонанд гуногунмазмун ва гуногунхислат гарданд.

Page 17: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

1.1.2. ИМКОНИЯТЊОИ МУЊИТИ БЕРУНА Рушди иќтисодии кишвар ва татбиќи њадафњои

стратегии рушди иќтисодиву иљтимоии кишвар ба тавсеаи муносибатњои бозорї замина гузошта, њимоя ва дастгирии давлатии фаъолияти соњибкорї ва сармоягузорї ба таъсиси ширкату корхонањои зиёди ватанї заминаи мусоид гузоштанд. Дар баробари ин, таќвияти иќтидорњои энергетикї, истењсолї ва хизматрасонї тавассути инкишофи бахши хусусї низ ба мутахассисони баландихтисос ва раќобатпазири соњаи молия ва иќтисод талаботи бештарро пешнињод мекунад. Вобаста ба ин, дар марњилаи муосири рушд љанбањои зеринро метавон ба сифати имкониятњои муњити берунаи донишгоњ номбар намуд:

- мављудияти теъдоди зиёди хатмкунандагони макотиби тањсилоти миёнаи умумї дар кишвар;

- зиёд гардидани талаботи соњањои хољагии халќ ба мутахассисони баландихтисос ва раќобатпазири соњаи молия ва иќтисод;

- ташаккули имиљи мусбии донишгоњ дар миќёси кишвар тавассути иштироки фаъоли устодон дар барномањои оммавию фарњангї, чорабинињои илмию тарбиявї ва сањифаи фаъол дар шабакањои иљтимої;

- таљрибаи иштирок дар барномањои байналмилалї, кадрњои баландихтисоси соњаи назария ва амалияи молия ва иќтисод.

Дар баробари ин, тавсеаи таваљљуњи љавонон ба омўзиши илм ва касб, баландшавии ањамияти тањсилоти тахассусї - њамчун омили калидии нуфузи мусбї ва рушди касбї, таваљљуњи давлату Њукумат ба неруи инсонии босифат, таъсисёбии марказњои бузурги саноатї ва агросаноатї, ташаккули низомњои миллии инноватсионї ва ѓайр метавонанд барои рушди донишгоњ имконият ва заминањои мусоид фароњам созанд.

Page 18: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

1.2. МУЊИТИ ДОХИЛИИ ДОНИШГОЊ 1.2.1. ЉАНБАЊОИ ЌАВИИ ДОНИШГОЊ

Донишгоњи давлатии молия ва иќтисоди Тољикистон дорои имконият ва шароити зерин мебошад, ки њамчун љанбаи ќавии он шинохта мешавад:

- њайати кадрии баландихтисоси илмию омўзгорї ва профессорони соњибмактаб;

- таъминоти методї, методологї ва моддию техникии раванди таълим дар сатњи сифатан баланд ва ба талаботи муосир љавобгў;

- мављудияти технологияњои иттилоотию коммуникатсионї ва истифодаи васеъ ва самараноки онњо дар раванди таълим;

- шароити мусоид ва муњити илмию методологии муосир ва мукаммали машѓул шудан ба корњои илмию тадќиќотї ва илмию инноватсионї;

- шабакаи густурдаи шарикони дохилї ва хориљї, ки рушди њамаљонибаи донишгоњро дар сатњи зарурї таъмин менамояд;

- инфрасохтори мукаммали фаъолият, аз љумла мављудияти биноњои таълимии замонавї, маишию фарњангї ва иншооти техникию ёрирасон, ки фаъолияти мунтазам ва бенуќсони донишгоњро таъмин менамояд;

- мављудияти хобгоњњои муосир ва иншооти варзишї, ки дар як минтаќа љойгир буда, компуси ягонаи таълимиро ташкил медињанд.

1.2.2. ЉАНБАЊОИ ЗАИФИ ДОНИШГОЊ Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

яке аз муассисањои навтаъсиси таълимї мебошад, ки барои соњањои гуногуни низоми молиявию иќтисодии љумњурї кадрњои баландихтисос омода мекунад. Новобаста аз муваффаќиятњои муайян масъалањои њалталаб ва мушкилињое вуљуд доранд, ки њамчун нуктањои заиф шинохта мешаванд, аз љумла:

- дар самти таълим: норасоии китобњои дарсӣ, васоит ва маводи таълимӣ бо забони давлатӣ, нарасидани

Page 19: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

мутахассисони баландихтисос, устодони дорои дараља ва унвони илмӣ, паст будани сатњи дониши довталабон ва соњиби аккредитатсияи байналхалќї набудани ихтисосњои донишгоњ;

- дар самти корњои илмию тадќиќотї: дарёфти сарчашмањои маблағгузорӣ барои иљрои корњои илмӣ-тадқиқотӣ; пайвастагии илм бо истењсолот; сатњи нисбатан ками љалби донишљӯён ба корњои илмӣ-тадқиқотӣ; кам будани мактабњои илмӣ; сатњи нокифояи њамкорињо бо марказњои илмӣ-тадқиқотии ватанї ва байналхалқӣ; набудани Шўроњои дифои рисолањои илмӣ. Дар баробари ин, дар сатњи зарурӣ истифода накардани система ва технологияњои иттилоотӣ дар љараёни таълим, илм, тарбия ва идоракунӣ; дарёфти роњњо ва усулњои нави пешрафтаи инноватсионӣ дар самти идоракунии кадрњо низ ба таљдиди назар ниёз доранд;

- дар самти њамкорињои байналмилалї ва иштирок дар озмунњои дарёфти грантї: сатњи пасти табодули донишљуён ва мубодилаи академии устодон; ташкили конференсияњои муштарак; фаъолияти нокифояи сохторњо ва устодон дар навиштани лоињањои илмї ва дарёфти грантњо, сатњи нокифояи забондонї ва салоњияти забонии устодон ва донишљўён;

- дар самти корњои ташкилию тарбиявӣ: мушкилоти вобаста ба фарњангу маданият, одоби муошират, эњтироми бузургсолон, рафтору кирдор, тањаммулпазирї ва дар сатњи зарурӣ ба роњ намондани омӯзиши арзишњои миллию умумибашарӣ, тарбияи ватандўстию ватанпарастї ва арљгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ.

Дар баробари ин, масъалањои дигари њалталаб, аз љумлаи сатњи касбияти устодон ва баландбардории сифати таълим низ дорои ањамияти махсус буда, дар ин самт бояд барномањои мушаххас ва мантиќї тањия ва татбиќ карда шавад. Мушкилоти вобаста ба интихоб ва љобаљогузории кадрњо, танзими шароит барои тањкими љањонбинї ва ташаккули мутахассисони баландихтисос,

Page 20: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

истифодаи усулњои муассири њавасмандгардонии кадрњо, татбиќи принсипи пардохти музди мењнати тафриќавї ва масоили сиёсати иртиботї аз љумлаи нуктањои заифи донишгоњ ба њисоб мераванд. 2. МИССИЯИ ДОНИШГОЊИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯ ВА

ИЌТИСОДИ ТОЉИКИСТОН. МАЌСАД ВА ВАЗИФАЊОИ РУШДИ СТРАТЕГЇ

2.1. МИССИЯИ ДОНИШГОЊ

БИНИШ ОМОДА КАРДАНИ ОЛИМОН ВА МУТАХАССИСОН,

РОЊБАРОН ВА СОЊИБКОРОНЕ, КИ БАРОИ ИНКИШОФИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ЗАРУР

МЕБОШАНД

МИССИЯ ТАЪМИН НАМУДАНИ ИЌТИСОДИЁТИ КИШВАР

БО КАДРЊОИ РАЌОБАТПАЗИР ВА БАЛАНДИХТИСОСИ СОЊАИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОД

Миссияи Донишгоњ аз татбиќи унсурњои зерин

иборат аст: 1. ТАЪЛИМӢ – љорї намудани усулњои муосири

таълим дар раванди тайёркунии кадрњо аз рӯи ихтисосњои амалкунандаи донишгоҳ, ки љавобгӯ ба талаботи муосир мебошанд;

2. ИЛМӢ – таќвияти иќтидори илмии донишгоҳ бо истифода аз таљрибаи пешқадами љањонї;

3. ИННОВАТСИОНӢ – таъсиси марказњои муосири тамоюли инноватсионидошта, аз ќабили бизнес-инкубатор, маркази кашф ва пешниҳоди ѓояњои инноватсионї, таќвияти фаъолияти Парки технологии донишгоњ, ки ба ташаккули муњити инноватсионї мусоидат менамоянд;

Page 21: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

4. СОЊИБКОРӢ – ташаккул додани фаъолияти соњибкории хусусияти иљтимоидошта, ба роњ мондани њамкорињо бо ширкату корхонањои ватанї ва љалб намудани онњо барои татбиќи барномањои иљтимої ва лоињањои тиљоратии донишгоҳ. Дар баробари ин, ба роњ мондани омўзиши асосњои ташаккули тафаккури соњибкорї дар байни донишљӯён, махсусан донишљўдухтарон, ташкил ва идоракунии соњибкорї дар тамоми ихтисосњои донишгоњ;

5. ТАРБИЯВЇ – омода кардани мутахассисони баландихтисос ва раќобатпазире, ки њисси баланди худшиносї ва худогоњї доранд, ватандўст ва ватанпарастї ѓояи марказии фаъолияти минбаъдаашон ба њисоб меравад, тањаммулпазиранд ва ба зуҳуроти номатлуби љањони муосир устувор буда, бо рафтори нек, пиндори нек ва кирдори нек дар ташаккули љомеаи солим сањмгузор мешаванд;

6. РОБИТАЊОИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ – тадќиќ ва омўзиши таљрибаи пешрафтаи љањонї дар самти тањкими пояњои рушди донишгоњ, аз љумла дар самти таълим, корњои илмию тадќиќотї, ташкилию тарбиявї ва идоракунии рушди фаъолияти молиявию хољагидорї ва инфрасохтори донишгоњ. Таќвияти њамкорї бо муассисањои таълимї ва илмию тадќиќотии хориљї ва дохилї, аз љумла тавассути иштирок дар тањия ва татбиќи лоињањои грантї;

7. ТАЪМИНОТИ МОДДИЮ ТЕХНИКЇ ВА РУШДИ ИНФРАСОХТОРИ ДОНИШГОЊ – тањкими базаи моддию техникии донишгоњ, таъмини шароити мусоиди тањсил ва кору фаъолият, таќвияти корњои ободонї, бунёди бино ва иншооти нави таъйиноти гуногундошта ва андешидани чорањое, ки фаъолияти мунтазам ва муназзами донишгоњ ва сохторњои таркибии онро таъмин менамояд.

Page 22: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

2.2. МАЌСАДЊОИ РУШДИ СТРАТЕГИИ ДОНИШГОЊ

Маќсадњои стратегии донишгоњ инкишофи устувор ва самараноки донишгоҳ, њамчун муассисаи таълими олии касбї, илмї-тадќиќотї ва инноватсионї, ки раќобатпазирии онро таъмин менамояд.

Вобаста ба миссияи ДДМИТ мақсадњои стратегӣ аз инҳо иборат аст:

а) ташкили муассисаи тањсилоти олии инноватсионӣ; б) ишғоли мавқеи асосӣ дар самти омода кардани

мутахассисони раќобатпазири соњаи молия ва иқтисод. Маќсади Стратегия барои солњои 2019-2023 ин

иљроиши миссияи марказии пешбарандаи таълимї, илмї - тадќиќотї ва бозомўзии мутахассисон дар соњаи молияи давлатї мебошад. Дар шароити љањонишавї мо бояд раќобатпазир бошем ва тавонем, ки мутахассисони баландихтисос ва раќобатпазирро омода ва ба бозори мењнати миллї ва байналмилалї пешнињод намоем.

2.3. ВАЗИФАЊОИ РУШДИ СТРАТЕГЇ Вазифањои асосии Стратегия инњоянд:

Такмили раванди таълим

Такмили корњои илмию тадќиќотї

Такмили корњои илмию тадќиќотї

Таќвияти корњои тарбиявї ва тарѓиби тарзи њаёти солим

Тавсеаи робитањои байналмилалї ва такмили сиёсати иртиботии донишгоњ

Тањкими таъминоти кадрї ва идораи њайат

Такмили сохтори идоракунї ва рушди инфрасохтори донишгоњ

Page 23: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

Вазифањои иловагии Стратегия: - ташкил намудани низоми ягонаю маќсадноки

омода кардани кадрњои соњибтахассус ва раќобатпазири соњаи молия ва иќтисод дар љумњурї;

- фароњам овардани шароити мусоид барои раванди таълим дар донишгоҳ, таъмири биноњои таълимї ва њамзамон, сохтмони биноњои нави таълимї, илмї, инноватсионї ва маишї;

- ташкил ва таљњизонидани озмоишгоњњои таълимї, дастрасии устодону донишљўён ба технологияҳои иттилоотию иртиботии муосир, интернети баландсуръат ва дигар воситањои иртиботӣ;

- ташаккулу такмили сохтори донишгоҳ – ташкили озмоишгоњњои илмї дар самти тайёркунии мутахассисони соњибкасб, омода кардани кадрњои илмї-педагогї ва ташкили курсњои такмили ихтисос, зиёд кардани ихтисосњо дар зинаи магистратура ва докторантура аз рўйи ихтисос, бозомўзии баъд аз тањсилоти олии касбї тањсилоти фосилавї, ташкилу бењтар намудани вазъи курсњои тайёрї, таъсиси литсей дар назди донишгоҳ, кушодани филиалњо дар дохил ва хориљи кишвар;

- баланд бардоштани сатњ ва самаранокии корњои илмї-тадќиќотї, ба роњ мондани иљрои корњои илмї-амалї дар асоси шартномањо бо муассисаву ташкилотњо, ширкату корхонањо ва вазорату идорањо;

- бењтар намудани фаъолияти донишгоҳ дар самти омодакунии кадрњои илмию педагогї, љустуљўи роњњои љалби бештари љавонони лаёќатманд ба корњои илмї ва таълимї, таъмини фаъолияти самараноки магистратура, аспирантура ва докторантураи донишгоҳ, истифодаи робитањо бо марказњои илмию таълимии хориљї бо маќсади тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар соњаи иќтисодиёт ва молия;

- баланд бардоштани самаранокии фаъолияти табъу нашр, тањияи китобњои дарсї, видео ва аудиолексияњо,

Page 24: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

дастурњои таълимї ва дигар воситањои тарѓиби илму дониш барои љавонон;

- бозёфт ва амалї намудани роњњои љалби маблаѓњои ѓайрибуљавї (лоињаю грантњои ташкилотњои байналхалќї, бонкњо ва дигар сохторњо, иљрои шартномањои дутарафаю бисёртарафа ва ѓайра);

- бењтар намудани шароити моддию маишии омўзгорону кормандон ва донишљўён;

- њамаљониба омўхтану истифода намудани имкониятњои баланд намудани музди мењнати омўзгорон ва бењтар кардани шароити манзилии онњо, бунёди иншооти варзишї, табобатї ва истироњатї;

- такмили ихтисоси кормандони соњаи молияву иќтисод ва устодону кормандони донишгоҳ ва дар ин асос татбиќ ва амалигардонии лоињањои грантї.

3. МЕХАНИЗМИ ТАТБИЌИ СТРАТЕГИЯ САМТИ СТРАТЕГИИ 1.

ТАКМИЛИ БАРНОМАЊОИ ТАЪЛИМЇ, КИ БА ТАШАККУЛИ НИЗОМИ ОМОДАКУНИИ

МУТАХАССИСОНИ РАЌОБАТПАЗИР РАВОНА ШУДА, БА ЊАМГИРОИИ ТАЪЛИМ, ИЛМ ВА

ИСТЕЊСОЛОТ ТАКЯ МЕКУНАД Дар ин самт амалисозии самтњои зерин њамчун

афзалият интихоб шудаанд: 1.1. Коркарди барномањои нави таълимї ва шакли

иљрои онњо: - коркарди барномањои нави таълимї дар зинаи

бакалавриат ва магистратура бо назардошти принсипњои низоми Болония ва талаботи бозори мењнат;

- тањкими љанбаи амалии раванди таълим дар донишгоњ бо истифода аз усули кластерї ва дуалии таълим омода кардани мутахассисон бо назардошти таклифу пешнињодњои кордињандагон;

- таќвияти фаъолияти эљодии њайати профессорону устодон бо маќсади љалби онњо ба навиштани китобњои

Page 25: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

дарсї, воситањои таълимии муосир, видео ва аудиолексияњо.

1.2. Коркард ва љорисозии технологияњои нави таълимї ва низоми дастгирии муњассилин:

- такмили таљрибаи пањнкунии корњои таълимии фаъол ва интерактивї бо истифода аз усулњои инноватсионї;

- идома додани коркарди таъминоти методї ва љорисозии воситањои техникии инноватсионї ва иттилоотию иртиботї дар раванди таълим;

- таъмини сатњи баланди ќаноатмандии муњассилин ва кордињандагон аз сифати таълим дар донишгоњ, аз љумла тавассути ташкили робитаи мутаќобила бо шарикони иљтимої.

1.3. Такмили сифати таълим дар асоси баланд бардоштани савияи касбии њайати омўзгорони донишгоњ дар асоси:

- ташкили курсњои кўтоњмуддати мањорати педагогї ва тавсеаи љањонбинии касбї;

- ба роњ мондани чорањои њавасмандгардонии омўзгорон ва мутахассисони љавон дар самти такмили ихтисос ва истифодаи усулњои фаъоли таълим;

- ташкили њамкорї бо муассисањои тањсилоти олии касбии ватанї ва хориљї љињати такмили ихтисос ва табодули таљриба дар самти инкишофи касбии њайати омўзгорону профессорони донишгоњ.

1.4. Такмили низоми кор бо љавонони соњибистеъдод ва љамъияти хатмкунандагони донишгоњ:

- такмили раванди ба кортаъминкунї, инкишофи касбии донишљўён ва хатмкунандагони донишгоњ;

- фаъолгардонии раванди њамкорї бо кордињандагон ва созмону ташкилотњои љамъиятї.

- мониторинги доимии ба кор таъмин шудани хатмкунандагон ва љамъоварию коркарди таклифу пешнињоди онњо љињати такмили стандартњои давлатї ва

Page 26: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

барномањои таълимї, инчунин ташкили вохўрињо бо онњо;

САМТИ СТРАТЕГИИ 2.

БАЛАНДБАРДОРИИ САМАРАНОКИИ КОРЊОИ ИЛМИЮ ТАДЌИЌОТЇ ВА ТИЉОРАТИКУНОНИИ НАТОИЉИ

КОРКАРДЊОИ ИЛМИЮ ИННОВАТСИОНЇ БО НАЗАРДОШТИ АФЗАЛИЯТЊОИ РУШДИ СТРАТЕГИИ ИЌТИСОДИВУ ИЉТИМОИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН 2.1. Инкишофи фаъолияти илмию тадќиќотї ва

илмию инноватсионї: - такмили инфрасохтори баландбардории

самаранокии тадќиќотњои илмї; - мониторинги талаботи воќеии бахши хусусї ва

корхонањо ба коркардњои илмї вобаста ба сиёсати давлатии илм ва техника;

- инкишофи мактабњои илмї ва пайвастани онњо бо дигар мактабњои илмии ватанї ва хориљї;

- инкишофи низоми љалби муњассилин ба фаъолияти илмию тадќиќотї ва инноватсионї;

- ташкили Шўрои дифоъ дар донишгоњ; - афзоиши њаљми маблаѓгузории корњои илмию

тадќиќотї; -ба рўйхати маљаллањои таќризшавандаи Комиссияи

олии аттестатсионии назди Президенти Љумњурии Тољикистион ворид намудани маљаллаи илмии «Паёми молия ва иќтисод»;

-ташаккули фарњанги иљрои корњои илмї – тањќиќотии дастаљамъона дар асоси ташкили гурўњњо ва озмоишгоњњои илмию тадќиќотї;

- њавасмандгардонии нашри маќолањои илмию оммавї ва вокунишї.

2.2. Тавсеаи њамкорињои байналхалќї дар соњаи илм:

Page 27: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

- инкишофи мубодилаи байналхалќии илмї – тадќиќотии устодон аз рўйи самтњои афзалиятноки фаъолияти донишгоњ;

- воридсозии ѓояњои инноватсионї ва илмию тадќиќотї;

-таќвияти корњои илмию тадќиќотии њайати профессорону омўзгорон ва муњассилин дар доираи њамкорињо бо шарикони хориљї;

- тавсеаи иштироки њайати профессорону омўзгорон дар барномањои озмуни лоињањои грантї.

2.3. Дастгирї ва њавасмандгардонии рушди касбии кадрњои илмию педагогї:

- пешбурди нашри таълифоти њайати профессорону устодон дар маљаллањои таќризшавандаи байналмилалї;

- инкишофи таљрибаи коромўзии њайати профессорону омўзгорон ва кормандони илмї дар ширкату корхонањои ватанї ва хориљї;

- ташаккули низоми такмили ихтисоси кормандон дар самти истифодаи технологияњои муосири иттилоотию коммуникатсионї дар корњои илмию тадќиќотї;

- љалби олимони хориљї барои гузаронидани курсњои такмили ихтисос дар заминаи амалисозии интиќоли дониш, технология ва барномаи омодакунї ва бозомўзии кадрњо;

САМТИ СТРАТЕГИИ 3. ГУСТАРИШИ ЊАМКОРИЊОИ

БАЙНАЛМИЛАЛЇ, КИ БА ЉОРИСОЗИИ СТАНДАРТЊОИ НАВ ВА НОИЛШАВЇ БА САТЊИ

СИФАТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАЊСИЛОТ МУСОИДАТ МЕКУНАД

3.1. Инкишофи њамкорињои байналмилалї дар

низоми тањсилоти муттасил: - бо маќсади љалби бештари шањрвандони хориљї ба

донишгоњ тавассути зиёд кардани барномањои таълимие, ки бо забонњои хориљї таълим дода мешаванд;

Page 28: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

- инкишофи њамкорї бо муассисањои тањсилоти олии касбї, марказњои намоёни илмию тадќиќотї ва созмону ташкилотњои байналхалќї;

- инкишофи барномаи “Профессори даъватшуда” аз донишгоњњои бонуфузи минтаќавї ва љањонї, намояндагони муваффаќи љањони сиёсат ва тиљорат;

- инкишофи мунтазами барномаи мубодилаи донишљўён ва мубодилаи академї;

- муаррифии донишгоњ дар чорабинињои мазмун ва сатњи гуногундошта, ассотсиатсияњои минтаќавию байналмилалї, рейтинг ва иттињодияњои гуногун;

- тавсеаи салоњиятњои иртиботї ва забонии устодон ва донишљўён тавассути ташкили марказ ва курсњои забономўзї;

- чораљўї љињати ташкили барномањои муштараки таълимї аз рўйи барномаи «тањсилоти дудиплома», ташкили факултетњои муштарак аз рўйи самт ва ихтисосњои мубрам, аз љумла тавассути ташкили таълими фосилавї;

- иштирок дар барномањои байналмилалии «Эразмус+», «Фулбрайт»-и Сафорати ИМА ва ѓайрањо;

- таќвияти корњо дар самти тањия ва пешнињоди лоињањо ба озмунњои грантї дар асоси ташкили гурўњњои махсус ва бо назардошти зарурати такмили сифати таълим, корњои илмию тадќиќотї ва њалли масоили вобаста ба инкишофи касбї, баланд бардоштани сифати таълим, маърифати молиявї, ташаккули тафаккури соњибкорї ва рафтори инвеститсионї, њамкорињо дар самти инкишофи касбї ва омода кардани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори мењнат;

- таќвияти њамкорињо бо муассисањои тањсилоти олии касбї ва илмию истењсолии ватанї дар самти баланд бардоштани касбияти устодон ва олимону муњаќќикони љавон, такмили стандарт ва барномањои таълимї, баланд бардоштани сифати таълим ва самаранокии корњои илмию тадќиќотї тавассути ташкили робитањои

Page 29: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

шабакавї, истифодаи васеи технологияњои муосири иттилоотию коммуникатсионї ва ташкили чорабинињои таълимию методї ва илмию тадќиќотии муштарак;

- марњила ба марњила аз аккредитатсияи байналмилалї гузаронидани ихтисосњо ва иштирок дар рейтингњои минтаќавї ва байналхалќї.

САМТИ СТРАТЕГИИ 4.

ТАШАККУЛИ ФАЗОИ МУКАММАЛИ МАЪНАВЇ, ИНКИШОФИ САЛОЊИЯТИ

ИЉТИМОИЮ ФАРЊАНГЇ, МАЪНАВИЮ АХЛОЌЇ ВА ШАХСЇ

4.1. Ташаккули шахсияти комил, ки масъулияти баланди шањрвандї ва њисси ватандўстї ва тањаммулпазирї дорад:

- гузаронидани корњои пешгирї, фањмондадињї, машваратї, ташхис ва такмили рўњию равонии муњассилин;

- тањкимбахшии фаъолият дар самти пешгирии шомилшавии донишљўён ба гурўњњо ва равияњои хусусияти ифтортгарої ва террористидошта;

- гузаронидани корњои фањмондадињї тавассути ташкили нишастњо, вохўрињо, семинару мизи мудаввар ва мусоњибаву муоширати фардию коллективї љињати ташаккули аќидаи солим, љањонбинии мукаммал ва шахсияти комил бо маќсади бедор кардани эњсоси нафрат ва мухолифат ба пзуҳуроти номатлуб, аз ќабили истифодаи маводи мухаддир, истифодаи нодурусти ваќт ва амалу рафторе, ки ба шахсият, љамъият ва башарият тањдид эљод мекунад;

- тарѓиби нигањдорї ва пешбурди тарзи њаёти солим дар байни муњассилин ва њайати профессорону устодон;

- баландбардории фаъолнокии иљтимоии донишљўён тавассути љалби онњо ба фаъолияти волонтёрї ва чорабинињое, ки ба тарѓиби дўстї ва тањаммулпазирї равона карда шудаанд;

Page 30: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

- расонидани кумаки иљтимої ва дастгирии муњассилин бо маќсади бењтарсозии шароити тањсил тавассути сармоягузорї ба саломатї, омўзиш ва муваффаќияти иљтимоии онњо;

- такмили тарбияи иќтисодї тавассути ташаккули салоњият, љањонбинї ва тафаккури соњибкорї, рафтори инвеститсионї ва маърифати молиявї бо маќсади тањия ва татбиќи бизнес-наќшањо ва рушди касбият;

- баландбардории сифати омодакунии кадрњои љавон тавассути пешнињоди имкониятњо љињати инкишофи малакаи корї аз рўйи самти интихобкардаашон.

САМТИ СТРАТЕГИИ 5.

ТАШАККУЛИ ИНФРАСОХТОРИ МУОСИРИ ТАЊСИЛ, ИЛМИЮ ТАДЌИЌОТЇ, КОРУ ФАЪОЛИЯТ, МАДАНИЮ МАИШЇ, ТЕХНИКИЮ ТЕХНОЛОГЇ ВА

ИННОВАТСИОНЇ 5.1. Инкишофи инфрасохтори донишгоњ: - љорисозии низоми муосир ва маљмўии идоракунии

донишгоњ; - ба таври максималї коњиш додани гардиши

њуљљатњои коѓазї дар дохили донишгоњ тавассути таъмини гардиши электронии онњо;

- таъмини моддию техникии раванди таълим, корњои илмию тадќиќотї ва зиёд кардани шумораи шабакаи озмоишгоњњо;

- нигањдорї ва инкишофи шароитњои муосири манзилию коммуналї дар биноњои таълимї, истиќоматї ва ёрирасон;

- гузаронидани маркетинги тамоми самти фаъолияти донишгоњ;

- тавсеаи масоњати китобхона ва зиёд кардани фонди китобњо, аз он љумла бо адабиёти электронї;

- сохтмони бинои нави таълимї, ки аз 5 ошёна иборат буда, бо тарз ва усули нав бунёд карда мешавад.

Page 31: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

- бунёди корхонањои хурди истењсолии инноватсионї ва дарёфти сарчашмањои нави даромад.

4. ИНДИКАТОРИ ИЉРОИШИ СТРАТЕГИЯ

Индикаторњои рушди донишгоњ нишондињандањои миќдорие ба њисоб мераванд, ки дастовардњои мушаххасро аз рўйи самтњои алоњидаи стратегї тавсиф медињанд:

ИНДИКАТОРЊОИ рушди стратегии Донишгоњ дар давраи татбиќи

Стратегия: Нишондињандањо 2019 2020 2021 2022 2023 Њамагї

Нишондињандањои умумї: Маќоми дониш-гоњ дар рейтинги муассисањои тањ-силоти олии кас-бии кишвар (мав-ќеъ дар рейтинг)

4 3 3 3 3

Интихоби дониш-гоњ аз љониби довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Љум-њурии Тољикис-тон (мавќеъ дар рўйхат)

7 6 5 5 5

Шумораи кафедрањо 27 27 28 29 29

Шумораи факултетњо 6 6 6 7 8

1. Фаъолияти таълимї Нишондињандањои асосї:

Шумораи ихтисосњо 37 40 42 44 46

Шумораи синфхонањои компютерї

20 21 22 24 25

Page 32: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

Барномањои таълимї 509 475 460 420 400

Шумораи донишљўён, магистрон ва докторантон

7600 8400 8800 9200 10000

Тањияи аудио ва видеолексияњо 35 72 105 107 200

Гузаронидани устодон ва кормандон аз такмили ихтисос ва бозомўзї %

15 18 20 23 24

2. Фаъолияти илмию тадќиќотї ва инноватсионї Нишондињандањои асосї:

2.1.1. Њимояи ри-солањои докторї (нафар)

2 2 3 3 3 13

2.1.2.Њимояи рисолањои ном-задї ва доктор PhD (нафар)

15 16 16 17 20 84

2.1.3. Чопи маќо-лањо (адад) 1320 1380 1410 1430 1500 7040

2.1.4. Чопи маќо-лањо дар маљал-лањои таќризша-вандаи КОА

107 130 150 190 250 827

2.1.5. Чопи маќо-лањо дар маљал-лањои базањои реферативии байналмилалї SCOPUS, WEB of SCIENCE… (адад)

1 2 5 7 9 26

2.1.1. Нишонди-њандањои ДДМИТ дар РИНЦ (љой аз рўи шумораи

15 14 12 10 8

Page 33: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

маќолањо) 2.1.1. Чопи мо-нографияњо (адад)

20 23 25 26 26 120

2.1.1. Чопи китобњои дарсї (адад)

27 27 27 27 27 135

2.1.1. Нашри маљаллаи «Паёми молия ва иќтисод» (шумора)

4 5 7 7 8 31

2.1.1. Зиёд кардани номгўи китобњо ва теъдоди онњо дар китобхонаи илмї ва электронии донишгоњ (номгў/адад)

90/350 110/500 112/700 180/900 250/1000 742/3450

3. Робитањои байналмилалї ва робита бо љомеа Нишондињандањои асосї:

3.1.1. Миќдори шарикони донишгоњ

90 115 130 140 150

3.1.2. Миќдори лоињањои грантї (миллї ва байналмилалї)

4 8 12 16 20

3.1.3. Теъдоди “профессорони даъватшуда”

10 20 30 40 50 150

3.1.4. Шумораи донишљўёни дар барномаи мубодила иштирокунанда.

30 40 50 60 70

3.1.5. Шумораи донишљўёни хориљие, ки дар донишгоњ тањсил

280 320 350 370 400

Page 34: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

мекунанд 4. Инфрасохтор ва таъминоти молиявї

Нишондињандањои асосї: 4.1.1. Масоњати умумии биноњои таълимї, м2

16465 16465 16465 16465 21965

4.1.2. Масоњати умумии хобгоњњо, м2

11170 11170 11170 11170 11170

4.1.3. Масоњати умумии иншоотњои варзишї ва фарњангї, м2

2352 2352 2352 2352 2652

Page 35: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

МУНДАРИЉА

САРСУХАН..........................................................................6 Мафњумњои асосї.......................................................8 Масири таърихии ташаккул ва инкишофи

донишгоњ.............................................................................10 Тавсифи умумии донишгоњ.....................................11

1. ТАЊЛИЛИ СТРАТЕГИИ ДОНИШГОЊИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯ ВА ИЌТИСОДИ ТОЉИКИСТОН....................15

1.1. Муњити берунаи донишгоњ...............................15 1.1.1. Тањдидњои муњити беруна........................15 1.1.2. Имкониятњои муњити беруна....................17

1.2. Муњити дохилии донишгоњ...............................18 1.2.1. Љанбањои ќавии донишгоњ.......................18 1.2.2. Љанбањои заифи донишгоњ......................18

2. МИССИЯИ ДОНИШГОЊИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯ ВА ИЌТИСОДИ ТОЉИКИСТОН. МАЌСАД ВА ВАЗИФАЊОИ РУШДИ СТРАТЕГЇ................................20

2.1. Миссияи донишгоњ............................................20 2.2. Маќсадњои рушди стратегї...............................22 2.3. Вазифањои рушди стратегї................................23

3. МЕХАНИЗМИ ТАТБИЌИ СТРАТЕГИЯ....................24 4. ИНДИКАТОРЊОИ ИЉРОИШИ СТРАТЕГИЯ.........28

Page 36: ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ...tgfeu.tj/upload/raznoe/Strategiya.pdfВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДОНИШГОЊИ

Муњаррири техникї Ф. Убайдуллоев Њуруфчини компютерї Ф.Раҳматов

Ба чопаш 10.01.2019 имзо шуд. Андозаи 60x84 1 /16. Коѓази офсет

Ҷузъи чопи шартӣ 2,0. Адади нашр 150 нусха.

Дар матбааи ДДМИТ ба табъ расид.