70
Омодагї, пешгирї ва назорати сирояти вируси куруно COVID-19 дар мањбасњо ва љойњои

Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

  • Upload
    others

  • View
    12

  • Download
    0

Embed Size (px)

Citation preview

Page 1: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

Омодагї, пешгирї ва назорати сирояти вируси куруно COVID-19

дар мањбасњо ва љойњои мањрумият аз озодї

Дастури муваќкатї 15 марти соли 2020

(тарљумаи ѓайрирасмї )

Page 2: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

Омодагї, пешгирї ва назорати сирояти вируси куруно COVID-19 дар мањбасњо ва љойњои мањрумият аз озодї

Дустури муваќќатї

15 марти соли 2020

Page 3: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

Санади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи COVID-19 то 15 марти соли 2020 тањия шудааст. Созмони љањонии тандурустї (СЉТ) назорати њар гуна таѓйиротеро, ки метавонад ба муњиммияти дастури муваќќатии мазкур таъсир расонад, идома медињад. Дар сурати таѓйир ёфтани ягон омилњо СЉТ маълумоти иловагии таљдидшударо нашр мекунад.

© Созмони љањонии тандурустї, соли 2020

Кулли њуќуќњо њифз карда шудаанд. Дафтари минтаќавии аврупоии Созмони љањонии тандурустї дархостњоро барои гирифтани иљозат љињати ќисман ё комилан таксир намудан (бознашр) ё тарљума кардани нашрияњои худро љонибдорї мекунад.

Ишоратњои истифодашуда ва пешнињоди маводњо дар нашрияи мазкур изњори ягон аќидае аз љониби Созмони Љањонии Тандурустиро нисбати маќоми њуќуќии ягон кишвар, ќаламрав, мањал ё мавзеъ ё маќомоти давлатии онњо, ё нисбати муайян кардани сарњади онњо ё хатњои људогона намебошад. Хатњои пунктир (хатти нуќта) дар харитањо хатњои таќрибии сарќадиро нишон медињанд, ки шояд нисбати онњо мувофиќаи комил то њол ба даст наомада бошад.

Зикр кардани ширкатњо ё мањсулоти ин ё он истењсолкунандагони мушаххас маънои онро надорад, ки Созмони Љањонии Тандурустї онњоро маъќул мешуморад ё тавсия медињад ва дар муќоиса бо ширкатњо ё мањсулоти шабењи номбарнашуда авлотар мешуморад. Ба истиснои хатогињо ва партофта шудани њарфњо њарфњои аввали номњои мањсулоти патентишуда бо њарфњои калон људо карда мешаванд.

Созмони Љањонии Тандурустї тамоми чорањои оќилонаи эњтиётиро барои санљидани иттилооти дар ин нашрияи мазкур овардашуда андешидааст. Аммо, маводи мазкури нашршуда бидуни ягон кафолати мустаќим ё дар назар дошташуда пањн карда мешавад. Масъулияти тафсир ва истифодаи мавод ба зиммаи хонанда вогузор карда мешавад. Созмони Љањонии Тандурустї дар њељ сурат барои зараре, ки дар натиљаи истифодаи он ба амал омадааст, масъулият намегирад. Аќидањое, ки муаллифон, муњаррирон ё гурўњњои коршиносон баён кардаанд, ќарорњо ва сиёсати татбиќкунандаи Созмони Љањонии Тандурустиро ќотеона инъикос намекунанд.

Бо дархостњо барои дастрасии нашрияњои Дафтари минтаќавии СЉТ дар Аврупо хоњиш карда мешавад, ки ба суроѓаи зерин мурољиат бикунед:НашрияњоДафтари минтаќавии СЉТ дар Аврупо Шањраки СММ, Марморвей 51DK-2100 Копенгаген Ø, ДанияБа сифати усули алтернативї онлайн-шаклро барои дархост љињати дастрас кардани њуљљатњо, иттилооти тиббї ё иљозатгирї барои иќтибос кардан ё тарљума дар сомонаи Дафтари минтаќавии СЉТ пур бикунед: (http://www.euro.who.int/pubrequest).

Page 4: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

МУНДАРИЉА iii

Ибрози сипос ivИхтисорањо v

1. Муќаддима 1

2. Тафсир

3. Принсипњои банаќшагирї ва мулоњизоти марбут ба њуќуќи инсон

12.

Чорањои пешгирї 19Чорањои муњофизати шахсї 19

Истифодаи ниќобњо 19

Чорањои дезинфексияи њучрањо ва њудуд Чорањои фосилагирии чисмонї

Баррасии масъалаи мањдудияти дастрасї ва мањдуд кардани њаракат (љойивазкунї)

3

4. Соњаи амал ва њадафњо 6Кормандоне, ки пас аз сафар аз минтаќањои олудашуда ба кор бармегарданд ё эњтимолан сироят ёфтаанд

22

5. Љомеаи маќсаднок 7

6. Муносибати умумї 8

7. Вируси COVID-19: тавсифоти патоген (ангеза), нишонањо ва аломатњо, интиќол

10

Агар корманд нотоб шавад ва шубха кунад, ки вай ба COVID-19 мубтало шудааст, чи бояд кард

223. 13. Арзёбии мавридњои шубњаангези 4. сироятёбї аз вируси Covid-19 –и 5. шахсоне,ки дар мањбас /чойњои

боздошт 6. ќарор доранд• 24

Тавсияњо оид ба истифодаи воситањоимуњофизати инфиродї (ВМИ) ва

Тавсифоти патоген 10

Аломатњо ва алоими COVID-19 10

Интиќоли COVID-19 10

Вирус то чи андоза метавонад дар сатњњо зинда монад? .

8. Омодагї, банакшагирї дар њолатњои фавќулодда ва сатњи хатар

13.1

13.2

дигар чорањои стандартї и 24

Тавсияњо оид ба масъалањои фаъолияти полис, хадамоти сарњадї ва муњољират

26

12

9. Омўзиш 14

10. Иттилоотонї дар бораи хатарњо 15

Мафњумњои муњим: мавриди шубњаангез,

14. Назорати маврид 27

14.1Табобати клиникии сирояти

шадиду вазнини роњи нафас (СШВРН) њангоми гумонбар шудан ба мављудияти COVID-19

14.2 Чорањои иловагии эњтиётї 2811. Мавриди эњтимолї, мавриди тасдиќшуда,

тамосњо,

16

Утоќу њучрањо ва худуди биноњоро пас аз муайян кардани шахси ба мављудияти вирус гумонбаршуда дар љойњои боздошт чї гуна бояд поксозї кард

28

Озод кардани одамон аз мањбасњо ва љойњои боздошт

Таърифи "мавриди шубњаангез" 17

Таърифи " мавриди эњтимолї" 17

Таърифи "мавриди тасдиќшуда" 17

Таърифи "тамос" 17

Иттилоотонї дар бора маврид 18

28

15. Манобеи иттилоотї 29

Page 5: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

Замимаи 1. Покасозии њучрањо ва њудуди биноњо пас аз муайян кардани шахсони ба Covid-19 гумонбаршуда дар љойњои боздошт

31

Page 6: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

iv ИБРОЗИ СИПОС

Њамоњангсозии санади мазкурро Карина Ферейра-Боргс, роњбари барномаи «Алкугул, нашъањои ѓайриќонунї ва њифзи саломатї дар љойњои мањрумият аз озодї»-и Дафтари Минтаќавии СЉТ дар Аврупо анљом додааст, ки низ узви гурўњи асосї оид ба омодасозии нашрияи мазкур буд. Маводи мазкур тањти роњбарии доктор Љоао Бред, Сарвари Дафтари аврупоии СЉТ оид ба пешгирї ва мубориза бар зидди беморињои ѓайрисироятї дар машварат бо Гурўњи идора кардани њолатњои бўњронии Барномаи СЉТ оид ба њолатњои фавќулодда дар соњаи тандурустї, Дафтари Минтаќавии СЉТ дар Аврупо ва Дафтари Марказии СЉТ, Женева, Швейтсария омода карда шудааст.

Кўмак расониданд: Масуд Дара, Њамоњангсози беморињои сироятии Шуъбаи вазъиятњои фавќулодда дар соњаи тандурустї ва беморињои сироятї, Дафтари минтаќавии аврупоии СЉТ; Љеффри Гилберт, IMT_COVID-19, Идора кардани иттилоот, СЉТ, Пекин, Чин; Филипа Алвес да Коста, Дафтари аврупоии СЉТ оид ба пешгирии беморињои ѓайрисироятї ва мубориза алайњи онњо; Фањми Ханна, Департаменти саломатии равонї ва сўистеъмол аз маводњои фаъоли рўњї, Дафтари марказии СЉТ Канокпорн Каољароен, Барномаи тандурустї ва муњољират, Дафтари марказии СЉТ; Тереза Закариё, Элизабет Армстронг Бэнкрофт, Руди Конинкс, Аделхайд Маршанг ва Мария Ван Керхове, Барнома оид ба вазъиятњои фавќулодда дар соњаи тандурустї, дафтари марказииСЉТ.СЉТ аз коршиносони зерин, ки гурўњи асосиро љињати омода кардани нашрияи мазкур ташкил доданд, хеле сипосгузор аст (аз руи алифбо):

• Даниэл Лопес-Акуня Мактаби тандурустии љамъиятии Андалузия, Гранада, Испания• Эамонн О'Мур, Пешвои миллї дар соњаи тандурустї ва адлия, тандурустии љамъиятии

Англия ва директори Барномаи Маркази њамкории СЉТ «Њифзи саломатї дар мањбасњо» дар Британия.

• Лара Тавоски, ходими калони илмии тандурустии љамъиятї, Донишгоњи Пизан, Италия

• Марк Леман, мушовири тиббї, Вазорати адлияи замини федералии, Берлин, Олмон • Штефан Энггист, Департаменти федералии корњои дохилї, Мудирияти

федералии тандуристї, Департаменти беморињои сироятї, Швейтсария.

• Сунита Стуруп-Тофт, Мутахассис оид ба тандурустии љамъиятї, барномаи «Тандурустии љамъиятии Англия» ва Барномаи Маркази бритониёии њамкорињои тиббии СЉТ «Њифзи саломатї дар мањбасњо».

СЉТ њамчунин аз мушовара ва кўмаки пешнињодкардаи муќарризони зерин ташаккур мекунад:

Елена Леклерк, њамоњансози барнома дар соњаи тандурустї, «Њифзи саломатї дар чойњои мањрумият аз озодї», Шўъбаи тандурустї, Барномаи кўмак, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, Женева, ШвейтсарияЭрика Даффелл, Сироятњое, ки тавассути њаво, хун ва узвњои таносул мунтаќил мешаванд (мегузаранд), DPR, Маркази аврупоии пешгирї ва назорати беморињо Ханс Волф, Service de médecine pénitentiaire, Hôpitaux universitaires de Genève, ШвейтсарияФади Меруэ, роњбари хадамоти Service Unité Sanitaire CHU de Montpellier, Фаронса, президенти Созмони «Саломатї бе мамониат» (HWB)Гэри Форрест, директори ичроия, Шабакаи муассисањои тандурустї дар соњаи ќонунгузорї ва тибби судї дар соњаи сињатии рўњї, АвстралияХанна Хемминки-Салин, сардухтури хадамоти амбулаторї, Хадамоти тиббї барои мањбусон, Институти миллии тандурустї ва таъминоти иљтимої, Финляндия

Page 7: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

Лоран Гетаз, Шўъбаи тандурустї дар мањбасњо, Hôpitaux universitaires de Genève, Швейтсария Мишель Вестра, мушовири тиббї, Dienst Justitiële Inrichtinge (Агентии љойњои боздошт),Нидерландњо v

Руджеро Джулиани ва Роберто Ранери, Хадамоти беморињои сироятї, Низоми пенитенсиари (мањбаси) –и тандурустї, Беморхонаи Донишгоњи Сан-Паоло, Милан, ИтолиёРоберт Б. Грайфинджер, профессори тандурустї ва ќонунгузории љиної, Коллељи ќонунгузории љиноии Љон Љжей, Ню-Йорк,ИМАРоберт Чарлз Патерсон, «Њифзи саломатї дар љойњои мањрумият аз озодї», шўъбаи тандурустї, Барномаи кўмак, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, Женева, ШвейтсарияРоберто Монарка, мутахассиси беморињои сироятї, мањбаси тартиботи ќатъї, Витербо, роњбари департаменти минтаќавї оид ба беморињои сироятї, Витербо, ИталияФилипп Мейсснер, Бахши масъалањои њуќуќ, Шўъбаи амалиёт, Идораи СММ оид ба маводди мухаддир ва љиноят; Клаудия Барони, Бахши масъалањои њуќуќ, Шўъбаи амалиёт, Идораи СММ оид ба маводди мухаддир ва љиноят; Свен Пфайффер, Бахши масъалањои њуќуќ, Шўъбаи амалиёт, Идораи СММ оид ба маводди мухаддир ва љиноят; Трейси Флэнаган, роњбар, Шабакаи масъалањои тандурустї дар соњаи њуќуќ ва ташхиси судию тиббї дар соњаи сињатии рўњї, Австралия.

Аксњоро Вазорати тандурустии Љумњурии Ќирѓизистон аз озмоиши шабењсозї (имитатсионї) пешнињод кардааст ва бо иљозати онњо танњо бо маќсади намоиш ба нашрия ворид карда шудаанд.

Нашрияи мазкур бо дастгирии молиявии Вазорати корњои ичтимої ва тандурустии Финляндия омода карда шудааст.

+

ФЕЊРАСТИ ИХТИСОРАЊО ДАШРНС дистресс-алоими шадиди роњњои нафас COVID-19 бемории вируси курунои соли 2019МАПНБ Маркази аврупоии пешгирї ва назорати беморињо БСОН бемориии сироятї бо оќибатњоии назаррас ПНС пешгирї ва назорати сироятњо АРНШН алоими роњи нафаси Шарќи Наздик nCoV вируси курунои нав ТЉА Тандурустии љамъиятии АнглияВМИ воситањои муњофизати инфиродї СШВРН сирояти шадиду вазнини роњи нафас АШВРН аломии шадиду вазнини роњи нафас (муродифи атипичная пневмония)АШВРН -CoV-2 алоими шадиду вазнини вируси куруно 2ИНЉ СММ Идораи нашъа ва љинояти Созмони Милали Муттањид СЉТ Созмони Љањонии Тандурустї

Page 8: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

ОМОДАГЇ , ПЕШГИРЇ ВА НАЗОРАТИ СИРОЯТИ ВИРУСИ КУРУНО COVID-19 ДАР МАЊБАСЊО ВАЉОЙЊОИ БОЗДОШТ

Page 9: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

1. МУЌАДДИМА Ашхосе, ки аз озодї мањрум карда шудаанд, масалан онњое, ки дар мањбасњо ва макони боздошт ќарор доранд1 бо эњтимолияти зиёд, нисбат ба ањолии умумї, бинобар он шароите, ки онњо дар муддати тӯлонї дар якљоягї нигоњ дошта мешаванд, ба хуруљи бемории вируси куруно (COVID-19) бештар осебпазир мебошанд. Ѓайр аз он, таљриба нишон медињад, ки мањбасњо ва љойњои мањрумият аз озодї ва муассисањои шабењ, ки дар он љо одамон аз њамдигар бевосита наздик љамъ меоянд, метавонанд сарчашмаи сироят ва пањншавии беморињои сироятї дар дохили мањбасњо ва берун аз он шаванд. Аз ин рў, њифзи саломатї дар мањбас ба маънои васеъ њамчун саломатии љамъиятї ќабул карда мешавад. Чорањои вокуниш ба COVID-19 дар мањбасњо ва макони боздошт махсусан мураккабанд ва татбиќи муносибати умумимиллї ва љамъиятии васеъро бо сабабњои зерин таќозо мекунанд. 2,3

1. Пањншавии густурдаи ангезишдихандаи сироят, ки дар маљмўъ ба љамъият таъсир мерасонад, ба воридшавии ангезаи сироят ба мањбасњо ва љойњои боздошт тањдид карда, хатари афзоиши босуръати интиќолро дар љойњои мањрумият аз озодї меафзояд, эњтимол ба эпидемия таъсири пурќувваткунандаю афзоишёбанда расонда, боиси афзоиши шумораи одамони сироятёфта гардад.

2. Муваффаќияти кўшишњои мубориза бо COVID-19 дар љомеа боиси шубња мегардад, агар дар љойњои њабс ва боздошт чорањои ќатъї оид ба пешгирї ва назорати сироят (ПКИ), санљиши дуруст (тестгирї), табобат ва нигоњубин андешида нашаванд.

3. Дар бисёр кишварњо масъулияти ташкили хидматрасонии тиббї дар љойњои мањрумият аз озодї ва боздошт ба зиммаи Вазорати адлия / Вазорати корњои дохилї гузошта мешавад. Њатто агар ин масъулият ба Вазорати тандурустї вогузошта шавад њам, њамоњангсозї ва њамкории байни бахши тандурустї ва бахши њуќуќ барои њифзи саломатии одамони дар љойњои мањрумият аз озодї ќарордошта ва инчунин барои ањли љомеа наќши аввалиндараља хоњад дошт.

1 Љойњои боздошт, ки барои мақсадҳои ин дастур муайян карда шудаанд, мањбасњо ва макони боздоштро , ки бо адолати судӣ алоқаманданд, инчунин марказҳои хориҷ кардани муҳоҷиронро дар бар мегиранд.

2 2019 2019 Вируси нави куруно (2019-nCOV): Наќшаи стратегии таъмини омодагї ва чорањои вокуниш . Женева: Созмони чањонии тандурустї ; соли 2020 (https:// www.who.int/docs/default-source/coronaviruse/srp-04022020.pdf?sfvrsn=7ff55ec0_4&download=true ).

3 Мудирияти босамар дар соњаи њифзи саломатї дар мањбасњо дар асри XXI : гузориши тањлилї оид ба масъалањои ташкили њифзи саломатї дар мањбасњо. Копенгаген: Дафтар минтаќавии аврупоии СЉТ /Вена: Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва љинояткорї; соли 2013 (http://www.euro.who.int/ data/assets/pdf_file/0017/231506/Good-governance-for-prison-health-in-the-21st- century.pdf).

Page 10: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

ОМОДАГЇ, ПЕШГИРЇ ВА НАЗОРАТИ СИРОЯТИ ВИРУСИ КУРУНОИ COVID-19 ДАР МАЊБВАСЊО ВА ЉОЙЊОИ БОЗДОШТ 2

2. ТАФСИР Ашхоси аз озодї мањрумшуда, масалан, шахсоне, ки дар мањбасњо нигоњ дошта мешаванд, ба беморињои гуногун ва шароити патологї бештар осебпазиранд. Худи далели мањрум сохтан аз озодї, чун ќоида, маънои онро дорад, ки одамони дар мањбас ва макони боздошт ќарордошта дар наздикии якдигар зиндагї мекунанд, ин њолат метавонад ба зиёд шудани хатари интиќоли микроорганизмњои патогенї, аз ќабили COVID-19 аз шахс ба шахс ва интиќолёбї бо роњи ќатрагї оварда расонад. Ба ѓайр аз пањлўњои демографї, афроди дар љойњои мањрумият аз озодї ќарордошта, одатан бештар бемор мешаванд ва нисбат ба ањолии умумї вазъи саломатиашон бадтар буда, аксар ваќт тањти хатари бештаре, ба монанди тамокукашї, гигиенаи бад ва иммунитет (маъсуният)-и заиф дар натиљаи стресс, ѓизои бад ё пањншавии беморињои њамроњикунанда, ба монанди вирусњое, ки тавассути хун мегузаранд, сил ва ихтилоли марбут ба истеъмоли маводи мухаддир мебошанд.Хурўљи COVID-19, ки бори аввал дар моњи декабри соли 2019 дар ш. Вуњан (Чин) ба ќайд гирифта шудааст, босуръат рушд мекунад. 30 январи соли 2020 Директори генералии СЉТ эълом дошт, ки хуруљи кунунї вазъияти фавќудоддаи миќёси байналмилалї дар соњаи тандурустии љамъиятї мебошад ва санаи 12 марти соли 2020 хуруҷи COVID-19 њамчун пандемия эълон шудааст.4

Дар чунин њолатњо, пешгирии воридшавии вирус ба љойњои њабс ва боздошт унсури муњим дар пешгирї ё ба њадди аќал кам кардани пањн шудани сироят ва хуруљи љиддї дар муассисањои мазкур ва берун аз онњо мебошад.Вобаста ба вазъият бо COVID-19 дар як кишвари мушаххас, хавфи вуруд шудани ба COVID-19 ба њабсхонањо ва љойњои боздошт фарќ карда метавонад. Дар љойњое, ки сиркулятсия (гардиши)-и мањаллии вирус мављуд нест, хатари ворид шудани вирус ба муассисањои пўшида метавонад тавассути кормандони мањбасњо ё шахсони навомада ба амал ояд, ки ба наздикї дар кишварњое ё дар љойњое њузур доштанд, ки аз пандемия зарар дидаанд ё бо шахсони баргашта аз кишварњо ё љойњои аз пандемия зарардида дар тамос буданд. Дар айни замон азбаски пањншавии бемайлони пањншавии вирус дар байни ањолї дар як ќатор кишварњои Аврупо ба назар мерасад, хатари пањншавии вирус ба таври назаррас афзуда истодааст. Дар њамаи кишварњо, муносибати асосї, ки бояд риоя карда шавад, пешгирии воридшавии ангезаи сироят ба мањбасњо ё љойњои боздошт ва мањдуд кардани пањншавии он ба дохили муассисаи ислоњї ва паст кардани имконияти пањншавии он аз мањбас ба љомеаи берунї мебошад. Ин кор дар кишварњое, ки пањншавии сироят шадидтар аст, мушкилтар мешавад. Мањбасњо ва љойњои боздошт муњити пӯшидае мебошанд, ки дар он одамон (аз љумла кормандон) дар наздикии якдигар ќарор мегиранд. Њар як кишвар барои баланд бардоштани сатњи омодагии худ, вазъи омодагї ва вокуниш ба ошкор кардан, табобати њолатњои нави COVID-19 ва ташкили нигоњу бин њангоми рух додани онњо масъул аст.Кишварњо бояд ба вокуниш ба сенарияҳои мухталифи инкишофёбии вазъият дар соњаи тандурустии љамъиятї омодагї бинанд, зеро њељ роњи умумї (универсали)-и идора кардани њолатњо ва сар задани COVID-19 вуљуд надорад.Чор сенарияи интиќоли COVID-19 муайян карда шудаанд, ки метавонанд дар кишварњо дар сатњи минтаќавӣ (њудудї) ба амал оянд ва аз ин рӯ кишварњо бояд равиши худро ба шароити мањаллї тасњењ ва мутобиќ созанд.5

4 Сухани ифти тоњии Директори куллї СЉТ дар брифинги намояндањо оид ба COVID-19 (12 марти соли 2020.). Женева: Созмони чањонии тандурустї, соли 2020 (https:// www.who.int/dg/speeches/detail/who-director-general-s-opening-remarks-at-the-mission-briefing-on-covid-19 12-march-2020).

5 Чорањои аввалиндараља оид ба таъмини омодагї, тайёр будан ва вокуниш ба COVID-19: дастури муваќкатї (16 марти соли 2020 ). Женева: Созмони чањонии тандурустї; соли 2020 (https:// www.who.int/publications- detail/critical-preparedness-readiness-and-response-actions-for-covid-19).

Page 11: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

7. ПРИНИСИПЊОИ БАНАЌШАГИРЇ ВА МУЛОЊИЗОТИ МАРБУТ БА ЊУЌУЌИ ИНСОН

Банақшагирии амалњо дар вазъиятњои фавќулодда барои таъмин кардани тадбирњои вокунишии зарурии тиббї ва дастгирии шароити бехатар, боэътимод ва инсондўстона дар макони боздошт хеле муњим аст. Маъмулан, наќшањои амал оид ба њолатњои фавќулоддаи кўтоњмуддат ва чорањо оид ба таъмини устуворї ба таъсироти беруна дар сатњи мањаллї мављуданд Бо вуљуди он, ки хусусияти таѓйирёбандаи хуруљи сироятњои миќёсашон баробар ба эпидемия ва пандемия дар сатњи мањаллӣ, миллї ва љањонї эњтимолияти таъсир расондан ба амният, низоми судї ба маънои васеъ ва дар њолатњои фавќулодда ва тартиботи шањрвандӣ доранд, берун аз доираи чунин наќшаҳо мемонанд. Ѓайр аз он, бояд наќшањои таъмини муттасилии раванд барои анљом додани вазифањои таъмини бехатарї ва муњофизат бояд амалӣ карда шаванд, ки барои муассисањои мањбасї ва дигар љойњои боздошт шарти зарурї мебошанд. Дар њамкорї бо муассисањои давлатии тандурустї, хадамоти тиббї ва љойњои боздошт дар баробари муттањид сохтани хадамоти љамъиятї ва хадамоти пенитенсиарї фаъолият кардан зарур аст.Низоми њуќуќи инсон њангоми муайян кардани чорањои вокунишї ба хуруљи COVID-19 принипњои роњбарикунандаро таъмин мекунад. Њуќуќњои њамаи љабрдидагон бояд риоя карда, тамоми чорањои тандурустии љамъиятї бидуни табъиз иљро карда шаванд. Одамон дар мањбасњо/ љойњои боздошт ќарордошта на танњо нисбати сироятшавї бо COVID-19 осебпазиранд, онњо ба хусус ба поймолкунии њуќуќи инсон ни з осебпазир мебошанд. Бино бар ин сабаб, СЉТ принсипњои муњимро зикр мекунад, ки бояд њангоми амалисозии чорањои вокунишї ба COVID-19 дар мањбасњо ва љойи боздоштњо риоя карда шуда, онњо бояд ба ќонунгузорї дар соњаи њуќуќи инсон ва инчунин ба стандартњою меъёрњои байналмилалї дар соњаи пешгирии љинояткорї ва ќонунгузории љиноятї сахт такя намоянд. 6

• Пешнињоди ёрии тиббӣ ба шахсони дар мањбасњо ва љойњои боздошт њузурдошта ўњдадории давлат аст.

• Одамони дар љойҳои мањрумият аз озодї ва боздошт ќарордошта бояд аз њамон як стандартњои хизматрасонии тиббї, ки дар љомеаи беруна мављуданд, бидуни табъиз дар асоси маќоми њуќуќиашон истифода баранд.

• Бояд чорањои зарурї барои таъмин намудани муносибати њассос ба гендер њангоми њал кардани њолати фавќулоддаи марбут ба COVID-19 дар мањбасњо ва љойњои боздошт андешида шаванд.

• Љойњои њабс ва боздошт бояд риояи њуќуќњои шахсони аз озодї мањрумшударо таъмин бикунанд, мањбусон ва боздоштшудагон набояд худро аз олами беруна чудошуда эњсос намоянд ва аз њама муњиммаш дастрасӣ ба иттилоот ва ёрии муносиби тиббї дошта бошанд.7

6 Нигар. Изњороти тартиби умумии № 14 Кумитаи њуќуќњои иќтисодї ,иљтимої ва фарњангї (КЊИИФ): Њукуќ ба сатњи баландтарини имконпазир(дастрасшавандаи)-и саломатї (моддаи. 12). Дар љаласаи бисту дуввуми Кумитаи њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї 11 августи соли 2000 ќабул шудааст (дар санади E/C.12/2000/4 мављуд аст) (https:// www.refworld.org/pdfid/4538838d0.pd f); Ќоидањои њадди аќали стандартии СММ дар бобати муомилот бо мањбусон (Ќоидањои Нелсон Мандела). Ќатъномаи A/RES/70/175 Маљмааи Кулли Созмони Милали Муттањид, ки 17 декабри соли 2015 ќабул шудааст (https://undocs.org/A/ RES/70/175); Ваклоатдори олї ба Шўрои њуќуќи инсон иттилооти тачдидшударо дар бораи муаммоњо дапр соњаи њувќувќи инсон ва прогрепсс дар љањон пешнињод мекунад . Љаласи 43- ми Шўрои њуќуќи инсон , банди 2, Женева , 27 феврали соли 2020. Идораи комиссари олии Созмони Милали Муттањид оид ба њуќуќњои инсон (https://www.ohchr.org/EN/NewsEvents/Pages/DisplayNews.aspx?NewsID=25621&LangID=E); Машваратњои ЗПШ (зеркумита оид ба пешгириии шиканча) МПМ [ Мезанизми пешгирикунандаи миллї ] Британияи Кабир нисбати карантини њатмї оид ба вируси куруно (https://s3-eu-west- 2.amazonaws.com/npm-prod-storage-19n0nag2nk8xk/uploads/2020/02/2020.02.25-Annexed-Advice.pdf).

7 Вируси куруно: њифзи саломатї ва њуќуќи одамоне, ки дар мањбасњо нигоњ дошта мешаванд . Лондон: Ислоњоти байналмилалии мањбасњо; 2020 (https:// www.penalreform.org/resource/coronavirus-healthcare-and- human-rights-of-people-in).

Page 12: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

4 Ба татбиќи чорањое, ки ба мањрумият аз озодї марбут нестанд, дар тамоми марњилањои татбиќи адолати судии љиноятї, аз љумла дар марњилањои мурофиа(тањќиќот)-и тосудї, муњокима (тањќиќот)-и судї ва баровардани њукм, инчунин пас аз баровардани њукм бояд афзалият дода шавад. Афзалият ба чорањои ѓайри мањрум кардан аз озодї нисбати ќонуншиканњои эњтимолї ва мањбусони дорои хавфи камдошта, инчунин дар таъминоташон нафарон дошта, ба занони њомила ва заноне, ки дар таъминоташон кўдакон доранд, бояд дода шавад.

• Бо усули шабењ бояд тартиби такмилдодашудаи таќсимоте баррасї карда шавад, ки он имкон медињад мањбусони ба онњо бештар хатар тањдидкунандаро аз дигар мањбусон бо усули нисбатан босамар ва харобиовариаш камтар алоњида нигоњ доранд ва инчунин барои ба њабси яккаса нигоњ доштани мањбусони нисбатан осебпазир имкон дињанд.

• Њангоми ворид шудан ба мањбасњо ва дигар љойњои боздошт њама шахсон бояд аз санљиши њарорат ва аломатњои беморињои роњњои нафаси поён гузаранд; диќќати махсус бояд ба шахсони гирифтори беморињои сироятї (гузаранда) дода шавад. Агар онњо аломатњои ба COVID-19 монанд дошта бошанд ё пештар онњо аз ташхиси COVID-19 гузашта бошанд ва њанўз њам аломатњои он мављуд бошанд, бояд онњо дар изолятсия (људосозї)-и тиббӣ љойгир карда шавад, то даме ки имконияти анљом додани ташхиси минбаъдаи тиббӣ ва тањлил пайдо нагардад.

Page 13: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

• Вокуниши равонї ва рафтории мањбусон ё шахсоне, ки дар љойњои дигар нигоњ дошта мешаванд, эњтимол аз вокуниши одамоне, ки масофаи љисмониро дар љомеа риоя мекунанд, фарќ мекунанд; аз ин рў, бояд афзоиши эњтиёљотро ба дастгирии эмотсионалї ва равониро ба эътибор гирифтан, андешидани чорањои шаффофият чињати баланд бардоштани огоњї ва пешнињоди маълумот дар бораи ин беморї, инчунин гирифтани кафолат дар бораи он, ки робитаи доимї бо оила ва хешовандон таъмин карда мешаванд, зарур аст.

• Барои пешгирии стигматизатсия ё људошавии шахсони алоњида ё гурўњњои шахсони алоњида, ки њамчун њомилони эњтимолии вирус баррасї мешаванд, бояд чорањои зарурї андешида шаванд.

• Дилхоњ ќарор оид ба љойгир кардани одамони дар мањбасњо ва чои боздошт ќарордошта ба шароити људокуни (изолятсия)-и тиббї, бояд њамеша ба зарурати тиббї дар асоси натиљањои ќарори клиникї асос ёбад ва мувофиќи ќонун ё ќарори маќомоти салоњиятдори маъмурї амалї карда шавад.

• Ба ашхосе, ки бо сабабњои њифзи саломатиашон дар мањбас ва љойњои боздошт дар изолятсия (љойи мањдуд кардан) нигоњ дошта мешаванд, бояд дар бораи сабабњои људо буданашон огоњ карда шуда, ба онњо имконияти огоњ кардани тарафи сеюм дода шавад.

• Барои муњофизати одамони дар изолятсия (људосозї) ќарордошта аз шаклњои гуногуни муомилоти бадрафторона ва барои сабук кардани тамос бо одамон, аз рўи зарурат ва имконият бо дарназардошти ҳолатњои мушаххас бояд чорањои мувофиќ (масалан, тамос гирифтан тавассути воситањои алоќаи аудиовизуалї) андешида шаванд.

• Хуруљи COVID-19 набояд њамчун далел барои асоснок кардани амалњои зерин истифода шавад: риоя накардани тамоми кафолатњои бунёдии дар Ќоидањои стандартии њадди аќали СММ оид ба муомила бо мањбусон овардашуда (Ќоидањои Нелсон Мандела), аз љумла талабот дар бораи он, ки мањдудиятњо њељ гоњ ба шиканља ё дигар намудњои муносибатњои берањмона, ѓайриинсонї ё тањќиркунандаи шаъну шараф оварда нарасонанд; манъи дарозмуддат дар мањбаси яккаса (яъне зиёда аз 15 рӯз пай дар пай); талабот дар бораи он, ки ќарорҳои клиникї метавонанд танњо аз љониби мутахассисони соњаи тиб ќабул карда шаванд ва набояд аз љониби кормандони ѓайритиббии мањбас ба эътибор нагирифта ё рад карда шаванд; ва њарчанд дар њолатњои истисної воситањои иртибот бо оила метавонад барои муддати муайян мањдуд карда шаванд, онњо бояд њељ гоњ комилан манъ карда нашаванд.8

• Хуруљи COVID-19 набояд њамчун асосноккунї барои назорати берунаи мањбас ва љойњои боздошт аз љониби маќомоти мустаќили байналмилалї ё миллї истифода шавад, ки ваколати онњо аз пешгирии шиканља ва дигар намудњои муносибати берањмона ва љазои ѓайриинсонї ё тањќиркунандаи шаъну шараф иборат мебошад. Чунин маќомот механизмњои пешгирикунандаи миллї тибќи Протоколи фаръї ба Конвенсияи зидди шиканља,9 Зеркумита оид ба пешгирии шиканља ва дигар намудњои муносибат ва љазои берањмона, ѓайриинсонї ё тањќиркунандаи шаъну шараф10 ва Кумитаи Аврупо оид ба пешгирии шиканља ва муносибат ва љазои берањмона ё тањќиркунандаи шаъну шараф 11 мебошанд.

• Њатто дар њолатњои сар задани COVID-19, маќомоти тафтишотї, аз љумлаи маќомоти дар боло зикршуда, бояд ба њама ашхосе, ки аз озодї мањрум шуда, дар мањбас ва љойњои боздошт ќарор доранд, аз љумла ашхоси дар шароити људосозї (изолятсия) ќарордошта тибќи муќаррароти ваколати маќомоти дахлдор дастрасї дошта бошанд.

8 Ќоидањои стандартии њадди аќали СММ оид ба муносибат бо мањбусон (Ќоидањои Нелсон Мандела). Ќатъномаи A/RES/70/175 Маљмааи кулли СММ, ки 17 декабри соли 2015 ќаубл шудааст,

9 Протоколи фаръии Конвенсияи зидди шиканља ва дигар муносибат ва љазои берањмона, ѓайриинсонї ва тањќиркунандаи шаъну шарафи намудњои мурољиат ва љазо. Ќатъномаи Мачмааи кулли СММ A/RES/57/199, ки 18 декабри соли 2002 ќабуд шудааст (https:// www.ohchr.org/EN/ProfessionalInterest/Pages/OPCAT.aspx ).

10 Протоколи фаръии Конвенсия зидди шиканља (ФПКПП) Зеркумита оид ба пешгирии шиканља. Шарњи мухтасари ЗПШ (https:// www.ohchr.org/EN/HRBodies/OPCAT/Pages/Brief.aspx ).

11 Кумитаи Аврупо оид ба пешгирии шиканља ва муносибат ва љазои берањмона, ѓайриинсонї ё тањќиркунандаи шаъну шарафи намудњои мурочиат ё љазо [сомона]. Страсбург: Шўрои Аврупо (https:// www.coe.int/en/web/cp t).

Page 14: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

6

8. СОЊАИ АМАЛ ВА ЊАДАФЊО Соњаи амал

Дастури мазкур дар асоси стандартњо ва меъёрњои байналмилалї дар соњаи пешгирии љинояткорї ва ќонунгузории љиної оид ба идора кардани мањбасњо ва чорањои ба мањрумият аз озодї вобаста набуда, инчунин дастури байналмилалї оид ба њифзи саломатї дар мањбасњо, аз љумла ќоидањои стандартии њадди аќали Созмони Милали Муттањид оид ба муносибат бо мањбусон тањия шудааст. (Ќоидањои Нелсон Мандела),8 Ќоидањои СММ оид ба муомила бо занони мањбус ва чорањои љазо барои занони ќонуншикан, ки ба мањрумият аз озодї вобаста нест (Ќоидањои Бангкок)12 Ќоидањои стандартии њадди аќали СММ љињати татбиќи ќонунгузорї нисбати ноболиѓон (Ќоидањои Пекин)13, Ќоидањои стандартии њадди аќали Созмони Милали Муттањид барои чорањои ѓайрињабсї (Ќоидањои Токио),14 ва Дастурамали СЉТ барои мањбасњо ва њифзи саломатӣ (2014 сол) 15 омода карда шудааст. Њуљљат барои кўмак расонидан ба кишварњо дар тањияи наќшањои мушаххас ва/ё муттањидсозии иќдомоти минбаъда вобаста ба љойњои мањрумият аз озодї ва боздошт дар вокуниши хуруљи байналмилалии COVID-19, бо назардошти наќшањои таъмини омодагї, стратегияњои пешгирї ва назорат, инчунин наќшањои амал дар њолатњои фавќулодда барои њамкорї бо низоми нисбатан васеътари банаќшагирї дар соњаи тандурустї ва њолати фавќулодда нигаронида шудааст.

Вазифањо Чунон ташкил кардани тањия ва татбиќи наќшањои таъмин кардани омодагии зарурии

љойњои њабс ва боздошт дар вазъияти хурўљи COVID-19 зарур аст, то ки:→ саломатї ва бењбудии шахсони дар мањбасњо ва дигар муассисањои пўшида

нигоњдошташаванда, кормандони дар он љо фаъолияткунанда (кормандони мањбас, кормандони тиббї ва дигар кормандон), инчунин ашхосе, ки ба љойњои нигоњдорї ва боздошт меоянд (боздидкунандагони ќонунї, хешовандон ва дўстони мањбусон ва дигарон) њифз карда шавад;

→ фаъолияти бехатари љойњои њабс ва боздошт таъмин карда шавад;→ хатари сар задании хуруљи беморињо, ки метавонанд талаботро ба хидматрасонињои тиббї дар

мањбасњо ва љомеа хеле зиёд кунанд, паст карда шавад.→ эњтимолияти пањншавии COVID-19 дар чойњои њабс ва боздошт, инчунин чунин пањншавии он аз

чунин чойњо ба љамъият коњиш дода шавад;→ эњтиёљоти мањбасњо ва љойњои боздошт њангоми банаќшагирї дар сатњи миллї ва

мањаллї, чорањои расондани кўмаки тиббї ва чорањо дар њолати фавќулодда ба назар гирифта шаванд.

12 Ќоидањои СММ оид ба муносибат бо занони мањбус ва чорањои љазо барои занони ќонуншикане, ки ба мањрум шудан аз озодї вобаста нестанд.. Ќатъномаи Маљмааи кулли СММ A/RES/65/229, ки 21 декабри соли 2010 ќабул шудааст (https :// www . unodc . org / documents / justice - and - prison - reform / crimeprevention / UN _ Rules _ Treatment _ Women _ Prisoners _ Bangkok _ Rules . pd f).

13 Ќоидањои стандартии њаддаи аќал, љињати татбиќи ќонунгузорї нисбати ноболиѓон.. Ќатъномаи A/RES/40/33 Маљмааи кулли СММ, ки 29 ноябри соли 1985 ќабул шудааст (https:// www.ohchr.org/Documents/ProfessionalInterest/beijingrules.pd f).

14 Ќоидањои стандартии њадди аќали Созмони Милали Муттањид барои чорањои ѓайрињабсї. Ќатъномаи A/RES/45/110 Маљмааи кулли СММ, ки 14 декабри соли 1990 ќабул шудааст (https:// www.ohchr.org/Documents/ProfessionalInterest/tokyorules.pd f).

15 Мањбас ва тандурустї . Копенгаген: Дафтари минтаќавии аврупоии СЉТ; 2014 г. (http://www.euro.who.int/ data/assets/pdf_file/0009/99018/E90174.pdf).

Page 15: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

1. Пешнињод кардани механизмњои босамар барои пешгирї ва вокуниш:→ пешгирии воридшавии COVID-19 ба мањбас ва љойњои боздошт;→ пешгирии интиќоли COVID-19 дар мањбас ва љойњои боздошт;→ пешгирии пањншавии COVID-19 аз мањбасњо ва дигар муассисањои пўшида ба љомеа

2. Равиши мувофиќ барои таъмин кардани њамоњангсозии кўмакњои тиббї дар низоми мањбасњо ва низоми њифзи тандурустии миллї ва мањаллї дар вазъиятњои фавќулодда барои зерин бояд пешбинї карда шавад:→ чорањои пешгирикунанда, аз љумла фосилагирии љисмонї ва воситањои гигиена(бењдошт)-и дастон;→ назорати эпидемиологї;→ ошкор кардан ва ташхис, аз љумла пайгирии тамосњо;→ табобат ва/ё дар њолати COVID-19 рањнамої кардан ба мутахассисон, ки муолиљаи махсус ва

бошиддатро таќозо мекунад;→ таъсироти умуминизомї (аз љумла таъсири тадбирњои дигар ба захирањои мењнатї,

масалан, дар њолатњои зарурї барои хонанишинї–изолятсияи хонагї ва ѓайра).

5. ЉОМЕАИ ЊАДАФНОК Дастури мазкур барои мусоидат кардан ба кормандони тиббї ва ѓайритиббии мањбасњо ва љойњои боздошт барои њамоњангсозии тадбирњо љињати њифзи саломатии аъзои чунин муассисањо таъйин шудааст. Дар он маълумот дар бораи зерин мављуд аст:

• намуди нави вируси курунои COVID-19;• роњњои пешгирии густариши COVID-19;16

• чорањои зарурї барои муайян кардани шахсоне, ки дар мањбас ё љойи боздошт ќарор доранд ва кормандони муассисањо, ки барои сироят доштан ба COVID-19 гумонбар шудаанд ё далели дар онњо тасдиќ шудани бемории мазкур мављуд аст;

• тавсияњо ба шахсони дар мањбас ва љойњои боздошт њузурдошта ва аъзои оилаи онњо ё ба кормандоне, ки аз минтаќањои бо вирус олудашуда дар давоми 14 рӯзи охир омадаанд.

Маълумоти дар ин љо овардашуда инчунин барои мањбасњо, маќомоти тандурустї ва маќомоти роњбарикунанда, роњбарият ва маъмурияти мањбасњо, кормандони тиббї ва хидматрасонї, инчунин дигар одамони дар мањбасњо ва љойњои боздошт фаъолияткунанда, тамосгирандагони шахсони дар њабсбуда муфид хоњад буд.

Ба мафњуми «љойњои боздошт», ки дар дастури мазкур истифода мешавад, муассисањои бузурги идоравї ва ислоњї мансуб дониста мешаванд:

• муассисањои пенитенсиарї ё мањбасњо (давлатї ва шахсї)• марказњои боздошти муњољирони дастгиршуда • муассисањо барои нигоњ доштани кўдакон ва љавонон.

16 Ин ба сироятњои роњњои нафас,ки асосан бо роњи чакраї мегузаранд, мансуб аст. Оид ба беморињое, ки бо роњи њавої-чакраї. аз ќабили бемории сил интикол меёбанд, нигар фасли Принсипњои роњбарикунандаи СММ оид ба пешгирї ва назорати бемории сироятии сил. Женева: Созмони чањонии тандурустї, соли 2019 (https:// www.who.int/tb/publications/2019/guidelines- t uberculosis-infection-prevention-2019/en).

Page 16: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

8 6. МУНОСИБАТИ УМУМЇНазорати пањншавии сироят дар љойњои мањрумият аз озодї ва боздошт барои пешгирии сар задани COVID-19 дар чунин муассисањо, њифзи саломатї ва некўањволии тамоми њузурдоштагон ва њайати кормандон муассисаи мазкур, инчунин боздидкунандагони онњо ва њифзи љомеаи беруна ањамияти бузург дорад. Муќаррар кардани чунин назорат ба кўшишњои њамоњангшудаи кормандони тиббї ва ѓайритиббии муассисањои пенитенсиарї вобаста аст, ки бо муассисањои тандурустии мањаллї ва миллии тандурустии љомеа бо њам амал карда, инчунин бо вазоратњои адлия ва корњои дохилї ва зерсохторњои мањаллии онњо дар истифодаи равиши умумие, ки дар зер тавсиф мешавад, њамкорї мекунанд.

1. .Тадбирњо бояд барои таъмин кардан ва дастгирии кўшишњои њамоњангшуда ва муштараки тамоми ташкилотњо барои таъмин намудани ПНС тибќи дастурњои роњбарикунанда дар сатњи миллї бояд андешида шаванд. Чунин амалњо бояд ба сатњи вазъияти фавќулодда дар як лањзаи муайяни ваќт бо маќсади пешгирии воќима ва таъмин намудани амалисозии аксуламалњои мувофиќтарин дар ваќти муносиб бояд њамандоза бошанд

2. Банаќшагирии муштарак –. Кормандони муассисањои пентенсиарї ва махсусгардонидашуда бояд бо гурўњњои

тиббї дар љойњои мањрумият аз озодї ва боздошт тибќи протоколњои миллии мављуда ва механизмҳои миллї кор кунанд, то ки њолатњои шубњанокро дар байни кормандон ошкор карда, сипас онњоро мувофиќи принсипњои роњбарикунандаи дар сатњи миллї ќабулшуда муолиља намоянд. →- Кормандони муассисањои пенитенсиарї ва махсусгардонидашуда бояд якљоя бо

гурўњњои тиббї дар мањбасњо ва љойњои боздошт кор баранд, то ки ошкор кардани њолатњои шубњанокро дар байни мањбусон / шахсони боздоштшуда ошкор карда, минбаъд онњоро ба њуљрањои махсуси яккаса људо карда, сипас тањќиќи клиникии онњоро анљом дињанд. 3. Арзёбии хатарњо /идора кардани хатарњо

Дар гузаргоњи назоратї (посгоњ) ба муассисањои пенитенсиарї бояд тањќиќот гузаронида шаванд: гурўњњо дар њайати кормандони тиббии муассисањо ва низоми умумии тандурустї хатари њамаи шахсонеро, ки ба муассисаи пенитенсиарї барои боздид меоянд / аз он мебароянд, новобаста аз мављуд будан ё набудани њолатњои шубњанок дар љомеа арзёбї бикунанд; маълумот дар бораи њама гуна њолатњои сулфидан ва / ё кўтоњнафасї, сафари охирини бемор ва алоќаи эњтимолї бо шахсони мубталои сироят буданашон тасдиќшуда дар давоми 14 рӯзи охир бояд љамъоварї карда шавад.

→ Ба шумораи шахсони санљидашаванда бояд мањбусон / боздоштшудагон, боздидкунандагон ва

кормандони муассисаи ислоњї дохил карда шаванд.→ Паёмњои возењ барои он муњимманд, то ки кормандони ба наздикї аз минтаќањои

зарардида дидан карда ё омада ва дар онњо аломатњои COVID-19 инкишофёфтаистода, бояд дар хона људосозї (изолятсия) карда шаванд, роњбарон бошанд, бояд сатњи баланди њушёрї ва дастгирии кормандони худро таъмин карда тавонанд. Тавсияњо ба боздидкунандагон бояд ќабл аз ташрифи онњо ба љойњои њабс ва боздошт пешнињод карда шаванд, то одамоне, ки ба сафар мераванд, дар њолати ногувор ќарор нагиранд. Боздиди ашхоси дорои аломатњои хоси беморидошта бояд манъ карда шавад.

→ Барои мењмононе, ки аломати беморї надоранд, вале минтаќањои зарардидаро дидан кардаанд ё аз он љо омадаанд, протоколњое бояд татбиќ карда шаванд, ки тибќи онњо ба минтаќа даромадан иљозат дода мешавад (масалан, барои мушовирони њуќуќї), аммо андешидани чорањои иловагї, аз ќабили ташрифи бидуни тамос зарур аст. →. Њангоми тасмимгирї дар мавриди мањдуд кардани ташрифњо, бояд таъсири хосса

ба њолати рўњии мањбусон ва сатњи баланди изтироб, ки метавонад људо шудан аз кӯдакон ва љањони беруна ба бор орад, бояд ба назар гирифта шавад.

→. Рўйхати њамарӯзаи шахсоне, ки ба мањбасхона медароянд ва аз он хориљ мешаванд, бояд муфассал тањия карда шавад.

Маъмурияти муассисаи ислоњї / љойњои боздошт бояд барои мањдуд кардани њаракат (гаштугузор) дар дохили мањбас ва ё љойњои боздошт ва / ё мањдуд кардани дастрасии

Page 17: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

кормандони ѓайриасосї ва боздидкунандагон ба љойњои њабс ва боздошт вобаста ба сатњи хатар дар кишвар / минтаќаи мушаххас чорањо биандешад. То њаддал имкон, дараљаи баландтарини таъсири равонии ин чорабиниҳоро ба назар гирифтан ва сабук кардан, инчунин асосан аз љињати эмотсионалї ва амалї дастгирї кардани шахсони ба онњо марбут дар мањбас зарур аст→.17

17Кўмаки аввалияи равонї дастур барои кормандон дар мањалњо . Женева: Созмони љањонии тандурустї ;соли 011 (https:// www.who.int/mental_health/publications/guide_field_workers/en ).

Page 18: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

Маъмурияти мањбасњо / љойњои боздошт бояд миќдори иттилоотро дар бораи COVID-19 афзоиш дода, дар байни мањбусон ва кормандон фаъолона пањн бикунанд. Тадбирњои огоњї оид ба мањдудият, аз љумла мањдуд кардани шумораи боздидкунандагон, бояд пешакї ба таври муфассал хабар дода шуда, чорањои алтернативї барои таъмини робита бо аъзои оила / дўстон, ба монанди зангњои телефонї ё Skype истифода карда шаванд.3. Низоми роњнамої ба назди мутахассисон ва идоракунии клиникї

→ Вобаста ба хурўљи кунунии COVID-19, стратегияи боздоштан фавран ошкор кардани њолатњои дар озмошигоњ тасдиќшуда, инчунин људосозї (изолятсия) ва идора кардани онњоро дар њамон љо ё дар муассисаи тиббӣ дар бар мегирад. Барои тамос бо мавридњои дар озмоишгоњ тасдиќшуда, СЉТ тавсия медињад, ки онњо дар муддати 14 рўз аз тамоси охирин бо бемори мубталои COVID-19 бояд ба карантин људо карда шаванд.18

→ Гурӯҳҳои тиббие, ки аз воситањои муҳофизати инфироди (ВМИ)-и тавсияшуда, аз ҷумла воситањои муҳофизати чашм (ниќобњои муњофизатї ё айнак), дастпӯшакҳо, ниқоб ва хилъат истифода мебаранд, бояд аз рўи тавсияњои муассисаи давлатии тандурустӣ гирифтани намунањои биологии мувофиқро аз ҳама гуна ҳолатҳои шубҳанок таъмин карда, сари вақт ва мувофиқи протоколњои мањаллї бо расмиёти танзимгардонии клиникӣ ва идоракунии иттилоот барои таҳлил ба хадамоти микробиологии маҳаллӣ барои тањлил фиристонанд. Захираҳои ВМИ бояд дар ҷои боэътимод нигоҳ дошта, мањфуз дошта шаванд, то ки дастрасии онҳо дар ҳолатҳои мувофиқ таъмин гардад.

→ Маъмурияти мањбасњо бояд аз беморхонаҳое, ки ба онҳо шахсони ба беморхона ниёздошта (шўъбањои дастгирии нафаскашӣ ва / ё муолиљаи бошиддат –шуъбаи эњё )-ро интиқол доданашон мумкин аст, огоҳ карда шавад ва донад. Нисбати ҳолатҳои тасдиқшуда, аз ҷумла ҳангоми зарурат барои интиќод додан ба муассисаҳои махсусгардонидашудаи изолятсияи нафаскашї ва табобат, бояд чораҳои зарурӣ андешида шаванд; ҳамроҳии мувофиқро истифода барад ва тавсияҳоро љињати интиќоли бехатари бемор риоя бикунад. Ҳамзамон, протоколҳое бояд баррасӣ карда шаванд, ки назорати беморро дар маҳал роҳнамоӣ мекунанд ва меъёрҳои возеҳи интиқол доданро ба бемористон муайян менамоянд, зеро ҳамлу нақли нолозим ҳам барои кормандони бо наќли бемор машѓулшуда ва ҳам дар беморхонаи қабулкунанда хатар эҷод мекунад.

→ 3.Тадбирњои назорати экологї ва муњандисию техникї, ки барои коњиш додани пањншавии микроорганизмњои патогенї ва ифлос кардани сатњњо ва ашёи бељон равона карда шудаанд, бояд таъмин карда шаванд; ин тадбир бояд фазои кофии байни одамон,19 сањењ тоза кардани њавои њуљрањо ва анљом додани безараргардонии мунтазам (бењтараш њадди аќал як бор дар як рўз)-ро низ таъмин бикунанд.→ Тадбирњо ба монанди таќсимоти хўрок дар утоќњо / њуљрањо ба љои ошхонаи умумї бояд баррасї карда шаванд ё таќсим кардани ваќт дар берун аз њуљра барои гаштугузори мањбусони / кормандони аз рўи ќитъањо / ё гурўњњо људокардашуда њатто дар љойњои кушод барои дар як љо љамъ нашудани онњо бояд ташкил карда шавад. Бо дарназардошти чунин шарту шароит, дастрасии мањбусон ба сайругашт дар њавои кушод бояд нигоњ дошта, аз сатњи њадди аќали як соат дар як рўз набояд кам карда шавад.Маъмурияти мањбасњо /љойњои боздошт муассисаи нигоњдорї ва кормандони тиббї бояд бо маќомоти мањаллии соњаи тандурустии љамъиятї барои иљрои тавсияњои ПНС, ки дар ин њуљљати мазкур шарњ дода шудааст, њамкорї кунанд; онњо дар њар лањза бояд тавозуни хатари ба саломатии ањолї тањдидкунандаро бо дилхоњ сарбори (серкор)-и вазифавї (функсионалї) дар љойњои мањрумият аз озодї ва боздошт, инчунин дар минтаќаи нисбатан васею бехатар ва њифзшаванда таъмин бикунанд.

18.Мулоњизот оид ба карантини одамон дар вобастагї ба бемории вируси куруно (COVID-19):дастури муваќќатї (29 феврали соли 2020). Женева: Созмони љањонии тандурустї; соли 2020 (https:// www.who.int/publications-detail/considerations-for-quarantine-of-individuals-in-the-context-of-containment-for- coronavirus-disease-(covid-19)).

19 Фосилаи кўтоњтарин ба андозаи 1 м тавсия дода мешавад.

Page 19: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

10 7. ВИРУСИ COVID-19: ТАВСИФОТИ ПАТОГЕН, АЛОМАТЊО ВА АЛОИМЊО, ИНТИЌОЛ

Тавсифоти патоген Вирусњои куруно як оилаи васеи вирусњо мебошанд, ки њам дар њайвонот ва њам одамон дучор мешаванд. Баъзеи онњо ба одамон сироят мекунанд ва чи тавре маълум аст, боиси беморињо аз зукоми муќаррарї сар карда, то шаклњои вазнини беморї, ба монанди алоими шадиду вазини роњи нафас (АШВРН) ва алоими роњи нафаси Шарќи Наздик (АРНШН) мегарданд.. Намуди нави куруновирус ин штамми нави куруновирус мебошад, ки ќаблан дар одамон ошкор нашуда буд. Намуди навтарини куруновируси нав, ки њоло вируси COVID-19 ном дорад, пеш аз сар задани хурўљи он муайян карда нашудааст, ки дар бораи он моњи декабри соли 2019 дар Вуњан (Чин) хабар дода шуда буд. Дар айни замон, нишонањо ва аломатњои асосии клиникї, ки дар одамон њангоми хурўљи ин беморї мушоњида карда мешаванд, табларзаи њарорати баланд, сулфа, нафаскашии мушкил ва инфилтратсияи дуљонибаи шушро, ки бо рентгенограммаи ќафаси сина ошкор карда мешавад, дар бар мегиранд.Гарчанде ки хуруљи кунунии COVID-19 њоло њам рушд меёбад, сироят метавонад њамчун як бемории сабук, мўътадил ё вазнин (шадид) зоњир шавад ва аз одам ба одам, асосан тавассути роњи чакраї (ба монанди њолатњои дигари вирусњои роњњои нафас) гузарад. Дар њолате, ки таќрибан 80% мавридњо њамчун як бемории сабук (яъне илтињоби шуш ё пневмонияи сабук) зоњир мешаванд, таќрибан 20% ба бемории вазнин мубтало мешаванд, ба замми ин 6% ба ёрии махсуси тиббї, аз љумла вентилятсияи сунъии шуш ниёз пайдо мекунанд. Њисоботи таљдидшавандаи њаррӯза оид ба сар задани беморї дар сомонаи СЉТ дастрас аст .20

Тибқи аксар арзёбињо, давраи инкубатсияи COVID-19 аз 1 то 14 рӯзро ташкил карда, ба ҳисоби миёна

(медиана) 5-6 рӯз аст. Ин чунин маъно дорад, ки агар шахс 14 рӯз пас аз дучоршавӣ ба таъсир (яъне тамос бо

шахси сироятшуда) солим бимонад, пас ӯ эњтимол сироят наёфтааст. Бо вуҷуди ин арзёбињо бо мурури ворид шудани маълумоти зиёд тачдид шуда метавонанд.21

Аломатњо ва алоими COVID-19. Аломатњои маъмултарини COVID-19 ин табларза, хастагї ва сулфаи хушк мебошанд. Баъзе беморон метавонанд дард, рустшавии бинї, обљудокунии шадиди бинї, дарди гулу ё дарунравиро дошта бошанд. Ин аломатњо одатан сабуканд ва тадриљан зуњур меёбанд. Баъзе одамон ба сироят мубтало мешаванд, аммо ягон аломатњо дар онњо инкишоф намеёбанд ва худро бад њис намекунанд. Аксарияти одамон (таќрибан 80%) аз беморї бе ниёз ба табобати махсус солим мешаванд. Таќрибан аз панљ як бемори сироятшудаи COVID-19 гирифтори бемории шадид ва нафаскашии шадид мегардад.Эњтимолияти рушди беморињои љиддї бештар дар одамони калонсол, инчунин одамони гирифтори муаммоњои музмини тиббї, ба монанди фишори баланди хун, мушкилоти ќалб ё диабети ќанд баландтар аст. Тибќи маълумотњои охир, дар љањон 3-4% њолатњои баќайдгирифташуда фавтидаанд, аммо сатњи фавт вобаста ба макон, синну сол ва мављудияти беморињои музмин фарќ мекунад.22 Одамони њарорати баданашон баланд, сулфа ва нафаскашиашон мушкил бояд ба ёрии тиббї мурољиат бикунанд..23

Интиќоли COVID-19. Тарашшуњи узвњои нафаскашї, ки дар шакли ќатрањо ташаккул ёфта, њангоми сулфидан, атса задан ё сўњбат бо шахси сироятёфта ба вуљуд меоянд, вирус доранд ва воситаи асосии интиќоли он мебошанд.

20 Њисоботњо дар бораи вазъият бо вируси куруно (COVID-19). Женева: Созмони љањонии тандурустї ; соли 2020 (https:// www.who.int/emergencies/diseases/novel-coronavirus-2019/situation-reports ).

21 Бумории вируси курунои соли 2019 (COVID-19): њисобот дар бораи вазъият . 19 феврали соли 2020 года. Женева: Созмони љањонии тандурустї; соли 2020. (https://www.who.int/docs/default-source/coronaviruse/situation-reports/20200219-sitrep-30-covid-19.pdf?sfvrsn=3346b04f_2).

Page 20: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

22 Сухани ифтитоњии Директори кулли СЉТ дар мулоќот бо наояндагони васоити ахбор омма оид COVID-19. 3 марти соли 2020 Женева: : Созмони љањонии тандурустї ; соли 2020;(https:// www.who.int/dg/speeches/detail/who-director-general-s-opening-remarks-at-the-media-briefing-on-covid-19 3-march-2020).

23 Саволу чавоб дар бобати вируси куруно (COVID-19). 23 феврали соли 2020 . Женева: : Созмони љањонии тандурустї ; соли 2020 (https:// www.who.int/news-room/q-a-detail/q-a-coronaviruses ).

Page 21: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

a

Ду роњи асосие мављуд аст, ки одамон метавонанд COVID-19-ро пањн бикунанд:

• сироят метавонад ба одамоне, ки дар наздикї њузур доранд (дар њудуди 1 метр) тавассути нафасгирии ќатрањои сулфаи нафасгиранда ё нафасдињанди шахси дорои вируси COVID-19 пањн шавад; ё

• одамон метавонанд тавассути ламс кардани рўи сатњњо ё ашё (формитњо) ва сипас ба чашм, бинї ё дањони худ даст расондан сироят ёбанд (масалан, шахс метавонад ба дастаи дар расида ё дасти касеро фишурда, сипас ба рўи худ даст занад). Ана барои чи безараргардонии беруна хеле муњим мебошад.

Тибќи далелњои мављудаи муосир интиќоли сироят метавонад бевосита пеш аз он, ки аломатњо намоён мешаванд, сар шавад. Аммо аломатњои бисёр одамони аз COVID-19 сироятёфта дар шакли сабук зуњур меёбанд. Ин њолат хусусан дар марњилањои аввали беморї љой дорад. Бинобар ин шахс метавонад аз шахсе COVID-19-ро сироят гирад, ки масалан, сулфаи сабук дорад ва худро бад њис намекунад. СЉТ тањќиќи љориро оид ба давраи интиќоли COVID-19 арзёбї мекунад ва мубодилаи маълумоти навро дар ин бобат идома медињад.

То чї андоза вирус метавонад дар рўи сатњњо зинда монад?Давомнокии умри дилхоњ вируси роњњои нафаскашї ба якчанд омилњо, аз љумла зерин вобаста аст:

• навъи сатњњое, ки вирус дар онњо мављуд аст• ба он нурњои офтоб таъсир мекунанд ё не? • фарќияти њарорат ва рутубат (намнокї). • таъсири маводњои поксозї.

Дар аксар њолатњо, эњтимол дорад, миќдори вируси сироятї дар њама гуна сатњи сироятшуда дар давоми 48 соат ба таври назаррас коњиш ёбад. Баъд аз он ки чунин вирусњо ба даст мерасанд, онњо муддати кўтоњ зинда мемонанд. Аз ин рӯ, мунтазам тоза кардани дастњо ва сатњи сахти бештар тамос(ламс)-шаванда бо маводи дезинфексия(безарар)-кунанда хавфи сироят ёфтанро кам мекунад.

Page 22: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

12 8. ОМОДАГЇ, БАНАЌШАГИРЇ ДАР ЊОЛАТЊОИ ФАВЌУЛОДДА ВА САТЊИ ХАТАР Мубориза бо хуруљи COVID-19 банаќшагирии босамар ва механизмњои боэътимоди њамкории байни бахшњо (тандурустї ва њифззи њуќуќ ё корњои дохилї, вобаста ба вазъият)-ро талаб мекунад, ки ба зиммаи онњо њифзи тандурустї ва некўањволии одамон дар мањбас ва љойњои боздошт вогузошта шудаанд. Чунин њамкорї дар таъмини низоми устувори расондани кӯмаки тиббї дар мањбасњо ва љойњои боздошт ањамияти њалкунанда дорад.Марњилањои муњим дар ташкили чунин банаќшагирии муштарак зеринро дар бар мегирад:

• Наќшаҳои дахлдори амалњо дар њолати фавќулодда,24 аз љумла фењрасти назоратї бояд тањия карда шаванд,25 то ки ба низоми муассисањои мањбасњо ва љойњои боздошт дар анљом додани худбањодињї ва баланд бардоштани сатњи омодагии онњо дар вокуниш ба COVID-19 кӯмак расонда шавад.

• Бо маќомоти мањаллї ва миллї оид ба тандурустї ва дигар муассисањои алоќаманд (масалан, маќомоти мањаллии њолатњои фавќулодда, мудофиаи граждании мањаллї) бояд њамкорї/робитаи наздик барќарор карда шавад. Дар тўли тамоми давраи банаќшагирї барои мубодилаи иттилоот, арзёбии хатар ва тањияи наќшањо тамоси доимї бояд дошт.

• . Арзёбии њамаљонибаи хатар бояд дар оѓози марњилаи банаќшагирї гузаронида шавад ва мунтазам аз нав баррасї гардад; ин амалњо бо иштирок (ё тањти роњбари)-и маќомоти тандурустии љамъиятї гузаронида шуда, бањодињии муњимтарини вазъи эпидемиологиро бояд дар бар гирад. Муайян кардани сатњњои гуногуни хатар ва таъсири эњтимолии онњо ба мањбасњо ва љойњои боздошт (масалан, мавридњои ба кишвар воридшуда; пањншавии мањаллї, вале мањдуд дар кишвар; пањншавии мањаллї, аз љумла дар мањалли љойгиршавии мањбас; пањншавї дар дохили низоми мањбас) хеле муњим аст.

• Бо маќсади сабук кардани тамоми хатарњое, ки дар рафти арзёбӣ муайян шудаанд, наќшањои амалиёт бояд дар кишвар / мањбаси мушаххас тањия карда шаванд. Масъулияти чорањои муайян ба зиммаи мањомоти тандурустии љамъиятї вогузошта мешавад; барои баъзе чорањо пешнињодкунандаи мањаллии хидматњои тиббї ва барои чорањои дигар мањбасњо ва љойњои боздошт масъул шуда метавонанд. Дар њар як наќшаи амал бояд шахсони масъули амаликунандаи чорабинии мушаххас, мўњлати иљрои он, инчунин чї гуна ва аз љониби кї иљро шудани онњо бояд зикр карда шаванд. Наќшаи амал бояд зеринро дар бар гирад26→ њамгирої бо наќшањои миллии амалњо оид ба пешгирии њолатњои фавќулодда ва

наќшањои вокуниш ба беморињои сироятї;→ механизмњои роњбарї ва назорат, интиќоли фаврии иттилоот, тањлили босамари вазъ

ва ќабули ќарорњоро таъмин мекунанд;→ → назорати эпидемиологї ва ошкор кардани беморињо (масалан, кї барои ошкор

кардани аломатњои COVID-19 тафтиш карда мешавад? Оё ташхиси аввалия љињати вуљуд доштани аломатњо барои њама воридшудагон (кормандон / боздидкунандагон) гузаронида мешавад ё не? Беморї чї гуна ташхис ва тасдиќ карда мешавад? Мавридњо ва тамосњо бо одамоне, ки дар онњо вуљуд доштани беморї тасдиќ шудааст чи гуна танзим карда мешаванд?

→ Назорати мавридњо (масалан, одамоне, ки ба мављудияти COVID-19 аз гурўњи

мањбусони боздоштшуда гумонбар шудаанд чї гуна табобат мекунанд? Оё љои мувофиќ барои арзёбии фаврии вазъи саломатї ва људосозї (изолятсия) дар њолати ошкор шудани њолати эњтимолии COVID-19 вуљуд дорад? Оё барои љойгир кардани шахсони дорои ба сироят гумонбаршуда ё шахсони тамоскарда имконияти ташкил кардани зерсохтор вуљуд доранд? Оё механизми интиќоли бехатари беморони омада ба беморхонањои махсус муайяншуда, аз чумла муайян кардани хадамоти дахлдори ёрии таъљилї вуљуд дорад? њангоми ба вуљуд омадани њолати фавќулоддаи тиббї, ки ба одамони дар мањбасњо ва љойњои боздошт ќарордошта марбут аст, кадом чорањои вокунишї андешида мешаванд? Оё равондидњои амалиётии стандартї оид ба тозакунї ва безараргардонии беруна, аз љумла лавозимоти хоб ва зарфњо вуљуд доранд?);

24 Наќшаи амали байнисоњавї дар њолатњои фавќулодда оид ба мубориза алайњи хурўљи беморињои сироятї ё мавридњои дигари тиббї дар мањбасњо ва љойњои боздошт дар Англия Нашри дуввум. Лондон: Тандурустии чамъиятии Англия, с. 2017 (https://assets.publishing.service.gov.uk/government/uploads/system/uploads/attachment_data/file/585671/multi_agency_prison_outbreak_plan.pdf).

Page 23: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

25 Фењрасти назоратии чорањо оид ба мубориза алайњи пандемияи грипп дар муассисањои ислоњї Атланта (ГА):Марказњои назорат ва пешгирии беморињо;с. 2007 . (https:// www.cdc.gov/flu/pandemic- resources/pdf/correctionchecklist.pdf).

26 Дар асоси «Тавсияњои асосї оид ба наќшагирии чорањои оммавї вобаста ба хуручи кунунии COVID-19 тањия шудааст: дастури муваќќатї (14 феврали с 2020.). Женева: : Созмони љањонии тандурустї ; соли 2020 г. (https:// www.who.int/publications-detail/key- planning- recommendations-for-mass-gatherings-in-the-context-of-the-current-covid-19-outbreak).

Page 24: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

→ банаќшагирии кормандон дар њолатњои фавќулодда бо таваљљуњи хосса ба: а) мављудияти кормандон ва фаъолияти муттасил, аз љумла хизматрасонињои њадди аќали мањаллї (масалан, доруворињои асосї, ташхис ба бемории ќанд, захмбандї ва ѓайра); ва б) эњтиёљоти тиббї ва пешнињоди кўмаки тиббї – барраси (муњокима)-и имконияти расонидани кўмаки тиббї дар њудуди мањбас дар муќоиса бо зарурати интиќоли беморон ба хадамоти тандурустии љамъиятї барои расондани кўмаки махсусгардондашуда / шадид, инчунин таъсири чашмдошт ба банаќшагирии кадрї дар њолатњои фавќулодда нисбати кормандони мањбасњо.

. Унсури муњимтарине, ки бояд дар дилхоњ наќшаи таъмини омодагї ба пањншавии беморињои сироятии роњњои нафас, ба монанди COVID-19 бояд даќиќан ба эътибор гирифта шавад, ин мављудият ва расондани воситањои ниёзи аввал, аз љумла ВМИ ва воситањои бењдошти дастон, инчунин санитария (бењдошт) ва дезинфексия (безараргардони)-и беруна мебошад. Аз ин рў, тавсия дода мешавад, ки маъмурияти мањбасњо дар њамкорї бо кормандони тиббии љойњои мањрумият аз озодї ниёз ба ВМИ ва дигар воситањои ниёзи аввалро арзёбї намоянд, то ки муттасил расондани маводњо ва дастрасии фаврии онњоро таъмин бикунанд.Зикр бояд кард, ки барои роњ надодан ба истифодаи нодуруст ва номатлуби ВМИ,27 кормандон ва контингенти мањбасҳо бояд омўзиши мувофиќро гузаранд (барои маълумоти бештар дар бораи омӯзиш, нигаред ба фасли 9 дар поён). Дар баъзе кишварњо, ба сифати маълумоти заминавии аён њиссаи ањолї дар мањбасњо, ки ба меъёрњои ваксинатсия(эм кардан) аз грипп мувофиќанд, њамчун маълумоти ибтидоии аён барои арзёбии талаботи эњтимолї ба хидматрасонињои тиббї дар сурати хуруљи COVID-19 дар мањбасњо арзёбї карда шуданд.

Бо дарназардошти он, ки баъзе воситањои маъмули дезинфексиякунанда, ба монанди воситањои спиртї метавонад бо мањсадњои дигар истифода шавад, бинобар он, воситањои асосии гигиенаи дастон собун, об ва дастмолњои шахсї бояд њисобида шаванд. Онњо бояд дар ќисмњо / њуљрањо тамоми шабу рўз таъмин карда шаванд. Дар љойњои умумї ва / ё дар сурати набудани собун ва об љел (гел)-њои асосашон хлориро нозирони мањбас ва инчунин контингент (мањбусон)-и мањбасњо ва љойњои боздошт истифода карда метавонанд. Аммо, дар њолати безараргардонии беруна, маводи хлордор ваќте ки онњо аз љониби хидматрасонњо истифода намешаванд, бояд дар љои мањфуз нигоњ дошта шаванд.

27 Истифодаи оќилонаи воситањои муњофизати инфиродї барои бемории вируси курунои соли 2019 (COVID-19): дастури муваќкатї (27 феврали соли 2020). Женева: : Созмони љањонии тандурустї; соли 2020 (https://apps.who.int/iris/bitstream/handle/10665/331215/WHO-2019-nCov-IPCPPE_use-2020. 1-eng.pd f).

Page 25: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

14 9. ОМЎЗИШ Омӯзиши кормандон як чузви муњимми дилхоњ наќшаи омодагї дар мањбасњо ва љойњои мањрумият аз озодї мебошад. Тадбирњои омўзишї бояд ба таври зарурї ба наќша гирифта шаванд ва ба кормандони ѓайритиббї ва тиббии мањбасњо нигаронида шаванд. Чунин фаъолиятњо њадди аќал бояд соњањои зеринро дар бар гиранд:

• донишњои асосї дар бораи беморї, аз чумла оид ба патогенњо (ангезањо), роњњои интиќоли онњо, аломатњо ва рушди клиникии беморї

• бењдошт (гигиена)-и дастон ва ќоидањои этикет њангоми нафасгирї • истифодаи мувофиќи ВМИ ва талабот ба онњо • чорањои берунаи пешгирї, аз љумла поксозї ва безараргардонї (дезинфексия).

СЉТ дар доираи тадбирњои вокунии ба хуруљи COVID-19, як қатор маводҳоеро таҳия кардааст, ки метавонанд барои маҳбас ва ҷойҳои боздошт муфид бошанд:

• Аз курсњои таълимии мустаќим (онлайн) оид ба ПНС ва назорати клиникии сирояти шадиду вазнини роњњи нафасгирї (СШВРН) дар веб-платформаи донишњои «OpenWHO» ройгон таълим гирифтан мумкин аст. Ин курсњои асосї дар бораи вируси COVID-19 ва вирусҳои нави роњњои нафаскашї тасаввуроти умумї медињанд; онњо барои мутахассисони соњаи тандурустии љомеа, идоракунандагони њодисањо (инсидент-менељерон) ва кормандони дар СММ, созмонњои байналмилалї ва ѓайрињукуматї фаъолияткунанда пешбинї шудаанд28

• Бастаи маводи иттилоотї оид ба хатарњо барои муассисањои тиббї ба кормандони тиббї ва роњбарияти муассисањои тиббї бо иттилоот, тартиб ва воситањои зарурї барои кори бехатар ва самарабахш пешнињод карда мешавад.. Ин баста як ќатор паёмњо ва ёддоштњои соддакардашударо дар бар мегирад, ки ба дастурҳои муфассали техникии СЉТ оид ба ПНС дар муассисањои тандурустї дар вобастагї ба COVID-19 асос карда шудаанд ва онњоро бо шароити мањаллї мутобиќ кардан мумкин аст.29

• Ѓайр аз он, як ќатор дастурњои техникї мављуданд, ки мавзўъњои зиёд, аз љумла назорати мавридњо, дастгирии амалиётї ва тавсияњои логистикї оид ба истифодаи ниќобњоро дар бар мегиранд.30

Ва нињоят, ќабл аз оѓоз кардани ягон ташаббус бояд мањбусон ба корњои васеъмиќёси иттилоотонї ва баланд бардоштани огоњї љалб карда шаванд, то ки шахсони дар чойњои мањрумият аз озодї ќарордошта / мањбусон ва боздидкунандагон пешакї бояд хабардор карда шаванд ва дарк намоянд, ки кадом тартибот татбиќ карда мешавад, чаро онњо заруранд ва чї гуна амалї карда мешаванд. Хусусан дилхоњ чорањои мањдудкунандаи имконпазирро фањмонда, хусусияти муваќќатї доштани онњоро таъкид кардан муњим аст.

• Мутаассифона, дар натиљаи стигматизатсия (тањќир ё табъиз) ё тарсу њарос баъзе кормандони соњаи тиб, ки дар мубориза бар зидди COVID-19 дар љойњои мањрумият аз озодї машѓуланд, метавонанд ба падидае дучор шаванд, ки њангоми он оилањои онњо ё љомеа аз онњо канорагирї мељуянд. Ин њолат метавонад вазъи мављудаи бе он њам мураккабро ба таври назаррас боз мушкилтар созад. Ба кормандони тиб тавсия дода мешавад, ки бо наздиконашон дар тамос шуда, ба кўмаки равонї ва психологиву иљтимої дастрасї дошта бошанд.

28 Вирусњои нави роњњои нафас, аз љумла COVID-19: усулњои ошкор кардан, пешгирї, вокуниш ва назорат [Онлайн-курси OpenWHO]. Женева: : Созмони љањонии тандурустї ; соли 2020 (https://openwho.org/courses/introduction-to-ncov).

29 Бастаи маводи иттилоотї барои муассисањои тиббї оид ба хатарњои марбут ба COVID-19. Манила: Дафтари минтаќавии СЉТ барои кишварњои ќисми ѓарбии Уќенуси Ором; соли 2020 (https://iris.wpro.who.int/handle/10665.1/14482).

30 Дастури техникї барои кишварњо: бумории вируси куруно (COVID-19) [портали м анобеъ]. Женева: : Созмони љањонии тандурустї ; соли 2020 (https:// www.who.int/emergencies/diseases/novel-coronavirus-2019/technical-guidance ).

Page 26: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

10. ИТТИЛООТОНЇ ОИД БА ХАТАРЊО 15

. Дар сурати рух додани чунин њодиса, ба монанди сар задани COVID-19, њамоњангсозии самарабахши дастањо дар сатњњои миллї ва минтаќавї, ки дар пиёда кардани чорабинињо оид ба иттилоотонї дар бораи хатар машѓуланд, хеле муњим аст. Дар чунин шароити бўњронї, барои таъмини фаврї ва шаффофи интиќоли хабарњо(паёмњо) ва маводњо робитаи зич лозим аст.

Паёмњои калидї барои сокинони мањбас (контингент), кормандон, кормандони тиббї ва боздидкунандагон ба љойњои мањрумият аз озодї бояд њамоњанг сохта шуда, мувофиќат карда шаванд. Барои монеањои забонї метавонад тарљума ва воситањои аён талаб карда шавад. Захирањои иттилоотї барои кормандони расмї (хидматї) ва тиббии љойњои мањрумият аз озодї, боздидкунандагон, молрасонанњо ва дастгиршудагон, масалан, бюллетенњои иттилоотии мухтасар, флаерњо, плакатњо, видеороликњои дохилї ва дилхоњ воситањои иртиботии дигар тањия гардида, бояд дар љойњои њузури умум, дар бинои мањбасњо ва њудудњои онњо ва утоќњои барои боздиди мањбусон бо њимоятгарон ва оила пешбинишуда бояд љойгир карда шаванд.

Бояд масъалањо оид ба роњњои зуд расондани паёмњои иттилоотї дар бораи хатарњо баррасї карда шаванд. Онњо бояд зеринро дар бар гиранд:

(1) арзёбии умумии хатари мањаллї (хавф дар љомеа ва хавф дар њудуди мањбас);(2) тавсияњо оид ба чорањои пешгирикунанда, хусусан гигиенаи дастон ва ќоидањои этикети

нафаскашї;(3) тавсияњо оид ба андешидани чорањо дар сурати пайдоиши рушди аломатњо;(4) иттилоот дар бораи аломатњо ва алоими беморї, аз љумла нишонањои оризаи

бемории вазнин, ки гирифтани ёрии таъљилии тиббиро талаб мекунад; (5) тавсияњо барои назорати мустаќилонаи нишонањо ва аломатњо барои одамоне,

ки аз минтаќањои аз сироят зарардида омадаанд ё дар он љо зиндагї мекунанд, аз љумла санљиши њарорати онњо;

(6) маслињат оид ба тарзи дастрасї ба хизматрасонињои мањаллии соњаи тандурустї дар њолати ба амал омадани зарурат, инчунин дар бораи он, ки чї гуна ин корро бидуни хатар эљод кардан барои кормандони соњаи тандурустї ба роњ мондан мумкин аст;

(7) иттилоот дар бораи он, ки ба одамони нишонањои ихтилоли нафаскашидошта (масалан, сулфа) тавсия дода мешавад, ки ниќоб пўшанд; ба одамони солим он тавсия дода намешавад.31

Шумо инчунин метавонед машварати СЉТ -ро барои љомеа дар мавриди COVID-19, инчунин маълумот дар бораи устурањои мифњои атрофи он истифода бикунед.32,33

31 Машварат оид ба истифодаи никобњо дар љойњои љамъиятї, њангоми нигоњу бини бемор дар хона ва муассисањои тиббї вобаста ба хуруљи вируси нави навъи куруно (2019-nCoV). 29 январи соли 2020. Женева: Созмони љањонии тандурустї ; соли 2020

(https :// www . who . int / publications - detail / advice - on - the - use - of - masks - in - the - community - during - home - care - and - in - healthcare - settings - in - the - context - of - the - novel - coronavirus -(2019- ncov )- outbreak ).

Page 27: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

32 Машварат бо љомеа оид ба масъалањои бемории вируси куруно (COVID-19) [вебсомона/портал]. Женева: : Созмони љањонии тандурустї; соли ; 2019 (https:// www.who.int/emergencies/diseases/novel-coronavirus-2019/advice- for-public).

33 Машварат бо љомеа оид ба масъалањои бемории вируси куруно (COVID-19): вайронкунандагони асотир [вебсайт]. Женева: : Созмони љањонии тандурустї ; соли 2019 (https:// www.who.int/emergencies/diseases/novel-coronavirus-2019/advice-for-public/myth- busters).

Page 28: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

11. ТАЪРИФЊОИ МУЊИМ: МАВРИДИ ШУБЊААНГЕЗ, МАВРИДИ ЭЊТИМОЛЇ, МАВРИДИ ТАСДИЌШУДА, ТАМОС, ИТТИЛООТОНЇ ОИД БА МАВРИДЊО

Барои шиносшавї бо таърифњои таљдидшуда ба дастури СЉТ оид ба назорати эпидемиологии љањонии COVID-19 мурољиат кардан лозим аст. Таърифи мавридњои СЉТ, ки дар зер оварда шудаанд, ба иттилооте асос ёфтаанд, ки то 27 феврали соли 2020 дастрас шуда буданд ва дар айни њол баробари љамъ шудани иттилооти нав њоло таљдиди назар карда мешаванд.34 Дар кишварњо шояд ба вазъи эпидемиологии худ мутобиќ кардани ин таърифњо ниёз пайдо шавад.

34 Назорати эпидемиологии сирояти инсон,ки бемории вируси куруно ба вуљуд овардааст (COVID-19): дастури муваќкатї (27 феврали соли 2020 ). Женева: : Созмони љањонии тандурустї, соли 2020 (https:// www.who.int/publications-detail/global-surveillance- for-human-infection-with- novel-coronavirus-(2019-ncov)).

Page 29: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

ТАЪРИФИ «МАВРИДИ ШУБЊААНГЕЗ» «Мавриди шубњаангез» чунин маъно дорад:

(A) беморе, ки гирифтори бемории шадиди роњи нафас шудааст (њарорати баланд ва њадди аќал як нишона / аломати бемории роњи нафас, масалан, сулфа, кўтоњнафасї дорад) ва бидуни дигар этиологияе, ки манзараи клиникиро комилан мефањмонад ва шахсе, ки аз кишвар/мањал берун сафар кардааст ё дар кишвар / мањал ё дар њудуди он зиндагї мекунад ва дар бораи интиќоли мањаллии COVID-19 дар давоми 14 рўз пеш аз пайдо шудани аломатњо хабар додааст35 Ё

(B) беморе, ки ягон бемории шадиди роњи нафас дорад ва дар тўли 14 рўз пеш аз пайдоиши алдоматњо бо шахси ба COVID-19 гумонбаршуда ва дар ў ин беморитасдиќшуда (нигар бандњои 11.2 ва 11.3 дар зер) дар иртибот будааст; Ё

(C) беморе, ки сирояти шадиди роњи нафас дорад (дорои њарорати баланд ва њадди аќал як аломат / алоими бемории роњи нафас, ба мисли сулфа, кўтоњнафасї аст) ВА ба бемористон хобонданро талаб мекунад ВА дигар этиологияе, ки тасвири клиникиро пурра мефањмонад, надорад.

Агар муќаррар карда шавад, ки ягон мавриди шубњаангези COVID-19 мављуд аст, наќшаи дохилии муассисаи пенитенсиарї оид ба ташкили чорабинињо љињати мубориза алайњи хуруљи беморї бояд фаъол карда шавад. Ба шахси ба беморї гумонбаршуда бояд фавран дастур дода шавад, ки мувофиќи талабот ниќоби тиббӣ пӯшад ва этикетро њангоми нафаскашї ва амалияи гигиенаи дастонро риоя бикунад. Тадбирњои ПНС, аз ќабили људосозї (изолятсия)-и тиббї бояд татбиќ карда шаванд.

Дар робита ба ин, тавсия дода мешавад, ки дар њар як муассисаи ислоњотї ва дигар чойњои мањрумият аз озодї тибќи дастури кормандони тиббии навбатдор ва дастурњои дахлдори миллї / байналмилалї, маконе муайян карда шавад, ки дар он љо шахсони ба беморї гумонбаршуда ё ташхисашон тасдиќшуда, ки ба беморхона ниёз надоранд. дар изолятсияи тиббї љойгир карда шаванд34,36 Инчунин ташкили блокњои манзилиро низ ба эътибор гирифтан мумкин аст, зеро на њама шахсони эњтимол беморидошта ё тамосдошта ба бемористон интиќол доданро талаб мекунанд.

Мафњуми «мавриди эњтимолї»Мавриди эҳтимолӣ ин шахсест, ки барои доштани сироят гумонбар мешавад, барои вай озмоиши COVID-19 тасдиќкунанда нест (яъне, агар натиҷаи тесте, ки озмоишгоњ гузориш додааст, барои баровардани хулосаи якќимата, яъне мушаххас роҳ намедиҳад

Мафњуми «мавриди тасдиќшуда» Мавриди тасдиќшуда беморест, ки озмоишгоњ сирояти COVID-19, новобаста аз аломатњо ва алоим ин бемориро тасдиќ кардааст. Тасдиќи лабораторї бояд бо усули мувофиќ гузаронида шавад.37

Мафњуми «тамос»Тамос (шахси тамосгирифта) – шахсест, ки дар дилњоњ равандњои дар зер зикршуда иштирок кардааст:

• . нигоњубини мустаќими бемори COVID-19 бидуни истифодаи дурусти ВМИ;• дар баробари бемор COVID-19 њузур доштан дар њамон муњити пўшида (масалан, дар

утоќи боздошт);

• љойивазкунии якљоя бо њузурдошти наздик (дар масофаи 1 метр) бо бемори COVID-19 дар њама гуна намуди наќлиёт дар давоми 14 рўз пас аз пайдо шудани аломатњо дар шахси баррасишаванда.

Page 30: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

35 Барои гирифтани иттилооти таљдидшуда дар бораи вазъияти давраи охир, нигар: Њисоботњо дар бораи бемории куруновирус (COVID-19). Женева: : Созмони љањонии тандурустї ; соли 2020 (https:// www.who.int/emergencies/diseases/novel-coronavirus-2019/situation-reports ).

36 Пегшгирї ва назорати сироят дар љараёни расондани кўмаки тиббї дар њолати гумон доштан ба сирояти вируси нави куруно (ВНК).: дастури муваќкатї (25 янваия соли 2020). Женева: Созмони љањонии тандурустї; соли 2020 (https:// www.who.int/publications- detail/infection- prevention-and-control-during-health-care-when-novel-coronavirus-(ncov)-infection-is-suspected-20200125).

37 Тестгирии озмоишгоњї ба бемории куруновируси соли 2019 года (COVID-19) аз шахсони ба бемори гумонбаршуда: дастури муваќкатї (2 марти соли 2020). Женева: : Созмони љањонии тандурустї ; соли 2020 (https:// www.who.int/publications-detail/laboratory-testing-for-2019- novel-coronavirus-in- suspected-human-cases-20200117).

Page 31: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

18 Мушоњидаи тамосњои шахсони ба мављудияти сироят гумонбаршаванда бо сирояти эњтимолї ва ё тасдиќшуда:

• тамосњо бояд дар тўли 14 рўз аз лањзаи охирини тамоси муњофизатнашуда риоя карда шаванд.

• Барои мањдуд кардани тамосњои беруна мустаќилона сафар ва њаракатро мањдуд бояд кард. Дар муассисањои мањбасњо назорат аз љониби кормандони тиббии мањбасњо ё љойњои боздошт бояд амалї карда шавад. Барои ин кормандони тиббии мањбасњо ё љойњои боздошт бояд мунтазам барои ошкор кардани аломатњо боздид анљом дињанд (ин хеле муњим аст, зеро мањбусон метавонанд аломатњои бемориро пинњон намоянд, то ки онњоро ба љои људосозї–изолятсия љойгир накунанд).

• Њар гуна тамоси сироятшуда, ки ба муайян кардани мавриде љавобгў аст, ба маќоми шахси ба сироят гумонбаршуда соњиб мешавад ва бояд тафтиш карда шавад.

• Тамоси дилхоњ шахси нав муайяншудае, ки эњтимолияти сироят доштанро дорад ё мављудияти сироят тасдиќ шудааст, бояд ошкор карда, аз болои вай назорат бурда шавад.

Пайгирии тамосњо бояд фавран пас аз муайян шудани њолати шубњаангез дар мањбас ва ё љои боздошт, бидуни интизории натиљањои ташхиси озмоишгоњ бо маќсади пешгирї намудани иљрои чораљўии тиббию бењдоштї дар њолатњои зарурї оѓоз карда шавад. Он бояд аз љониби кормандони тиббї ё ѓайритиббї дар мањбас / љои боздошт тањти назорати маќомоти салоњиятдори миллї оид ба тандурустї ва тибќи наќшаи таъмини омодагии миллї анљом дода шавад. Тамоми кўшишу талошро бояд ба он равона кард, то тамоси шахси ба мубталои сироят гумонбаршуда бо шахсони дигар ва муњити беруна мањдуд карда шуда, њарчи шахсони тамосдошта аз дигарон људо карда шаванд38 Шахсони тамосдоштае, ки берун аз мањбас ќарор доранд (боздидкунандагон-мењмонон ва ѓ.) бояд аз љониби маќомоти тандурустї назорат карда шаванд.

Иттилоотонї дар бораи маврид. Вируси COVID-19 ба фењрасти беморињое илова карда шуд, ки дар бораи пайдоиши он бояд табибон њатман ба маќомоти тандурустї хабар дињанд. COVID-19 бемории сироятии оќибатњояш хатарнок (назаррас) (БСОХ) мебошад, ки дар љойњои њабс ва боздошт имкониятњои зиёди пањн шудан дорад. Аз ин рў, дар бораи њолатњои имконпазир дар ин љойњо бояд фавран ба маќомоти салоњиятдори соњаи тандурустї хабар дода шавад, ки онњо пас аз ин ба маќомоти миллї ва байналмилалї хабар дињанд.

38 Мулоњизањои амалиётї оид ба мавридњои /хурўчи COVID-19 дар киштињо: дастури муваќкатї (24 феврали оли 2020 ). Женева: Созмони љањонии тандурустї ;соли 2020 (https://apps.who.int/iris/handle/10665/331164).

Page 32: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

12. ТАДБИРЊОИ ПЕШГИРИКУНАНДА 19

Дар айни замон ягон ваксина барои пешгирии COVID-19 мављуд нест. Тамоми кормандон ва контингенти мањбасњо ва љойњои боздошт бояд дар бораи стратегияњои пешгирии COVID-19, аз љумла риояи ќоидањои гигиенаи дастон, ќоидањои этикет њангоми нафаскашї (аз љумла сулфа ва атсазанї), масофагирии љисмонї (нигоњ доштани масофа на камтар аз 1 метр аз шахсони дигар) огоњ бошанд, ба зуњури нишонањо ва аломатњои COVID-19 њушёр бошанд, аз одамони бемор дуртар ќарор гиранд ва (барои кормандон) њангоми бемор шудан дар хона бимонанд. Кормандон инчунин бояд тамоми чорањои санљиши (тањќиќ кардан)-ро, ки маќомоти салоњиятдори мањаллї ќабул кардаанд, риоя кунанд.

Дар мувофиќа бо маќомоти мањаллии тандурустї, протоколи љои корї бояд тањия карда шавад, ки тартиби корро нисбати дилхоњ корманде, ки њолати ў ба њолати шахси ба сироят гумонбаршуда ё дар ў сироят бо COVID-19 тасдиќшуда мувофиќ аст ё шахсоне, ки бо ў тамос гирифтаанд, муайян мекунад.

Чорањои муњофизати шахсї Татбиќ намудани тадбирњои зерини умумї љињати эњтиёт шудан ба сироятњои бемории роњи нафас тавсия дода мешаванд, ки одамон (кормандон, боздидкунандагон, расонандагони хидматњо, мањбусон / боздоштшудагон ва дигарон дар мањбасњо) аз COVID-19 сироят наёбанд ва он густариш наёбад:

• дастонро зуд-зуд бо собун ва об шуста, бо дастмол (рӯймолча)-и якваќта хушк кардан зарур аст; агар имкон бошад, инчунин дастњоро бо маводи дезинфексиякунанда барои дастон, ки њадди аќал 60% спирт дорад, истифода кардан мумкин аст (барои тавсияњои минбаъда оид ба бењдошти дастон, дар фасли 13.1 дар поён нигаред);

• фосилагирии љисмонї (физикї) бояд риоя карда шавад;• њангоми сулфидан ё атса задан бояд рўймолчаи якдафъаина истифода карда, дањон ва биниро

пўшондан ва сипас онро ба зарфи партовпартоии сарпўшдор партофтан зарур аст;• бо дастони нопок ба чашм, бинї ё дањони худ даст задан мумкин нест.

Аз рўи имкон дар љойњои калидї, ба монанди њољатхона, душ, толори варзишї, ошхона ва дигар љойњои истифодаи љамъиятї асбобњои дар девор бо собуни моеъ насбшуда, дастмолњои/ рўймолчањои коѓазї ва ќуттињои партови педалашон бо пой бакорандозанда бояд мучањњаз гарданд, то гигиенаи дастон риоя карда шавад. Пеш аз насб кардан абзори зикршударо кормандони хадамоти амният бояд бањо дињанд, ки оё ин гуна ашё ба амният ва муњофизати одамон дар мањбасњо ва љойњои боздошт тањдид мекунад ё не.

Истифодаи ниќобњо Ба вуљуд овардани фањмиши умумї оид ба андешидани чорањое зарур аст, ки њар як шахс дар мањбас онњоро бояд амалї созад ва аз номи ў дар мавриди ба сирояти COVID-19 гумонбар шуданаш бояд андешанд. Њарчи зудтар омўзондани одамони дар мањбас ќарордошта љињати фањмидани гигиенаи умумї ва роњњои интиќоли сироят хеле муњим аст ва ба таври возењ шарњ додан лозим аст, ки њангоми истифодаи ниќоб ин чора бояд бо чорањои гигиенаи дастон ва дигар чорањои ПНС, ки ба пешгирии интиќоли COVID-19 аз як нафар аз шахси дигар равона карда шудаанд, бояд якљо корбурд карда шаванд. Аз ниќоби тиббї истифода кардани беморон яке аз чорањои пешгирикунанда мебошад, ки бо маќсади мањдуд намудани пањншавии баъзе беморињои роњи нафас, аз љумла COVID-19 дар минтаќањои олудашуда андешида мешавад. Аммо, танњо истифода кардани ниќоб барои таъмин кардани дараљаи зарурии муњофизат кифоя нест ва дар баробари он андешидани дигар чорањои муњим низ зарур аст. СЉТ роњнамоеро дар бораи стратегияҳои ПНС барои истифода њангоми нигоњубин дар хона ва муассисањои тиббї њангоми ба амал омадани шубња ба сироятёбї аз COVID-19.36 тањия кардааст 36 СЉТ инчунин дастурњоро оид ба истифодаи ниќобњо дар чомеа, њангоми

Page 33: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

нигоњубин дар хона ва муассисањои тиббї њангоми сар задани COVID-19.31 нашр кардааст.31

Page 34: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

20 Пўшидани ниќобњои тиббї, дар њолати муќаррарнашуда, метавонад боиси харољоти нолозим шуда, бори гарон барои харидории зиёд бикунад ва њисси бардурӯѓи амниятро ба вуљуд орад, ки метавонад боиси беэътиної нисбати дигар чорањои муњим, ба монанди риояи ќоидањои гигиенаи дастон гардад. Ѓайр аз он, истифодаи нодурусти ниќоб метавонад самаранокии онро аз нуќтаи назари кам шудани хатари интиќоли сироят коњиш дињад.27

Ќоидањои исчтифодаи ниќобњо Агар пўшидани ниќобњои тиббї зарур бошад, истифодаи дуруст ва безараргардонии онњо бояд таъмин карда шавад, то ки пўшидани онњо босамар бошад; аз дилхоњ истифода ва безараргардонии нодурусти онњо бояд даст кашид, то ки дар натиљаи он хатари зиёдтари интиќол пеш наояд. Тавсияњои зерин оид ба истифодаи дурусти ниќобњои тиббї ба амалияи стандартї дар муассисањои тиббї асос ёфтаанд31

• ниќобро ба рўй зич пӯшидан зарур аст, то ки дањону бинї комилан пўшида шаванд ва онро боэътимод бастан зарур аст, то ки љойњои зичи байни рўй ва ниќоб њаддал имкон зиёд шаванд;

• њангоми пўшидани ниќоб бо дастон ба ниќоб даст задан мумкин нест;• ниќобро бо тарзи мувофиќ берун бояд кард (яъне ба ќисмати пеш нарасида, аз ќафо

бандњоро кушодан зарур аст);• пас аз баровардан ё тасодуфан расидан ба ниќоби истифодашуда дастонро бо

мањлули спиртї барои дастон (агар бошад) ё собун ва об бояд шуст;• баробари нам / тар шудани ниќоб, онро бо ниќоби хушк иваз бояд кард;• ниќобњои якваќтаро аз нав истифода набояд кард;• пас аз њар як истифода ниќоби якваќтаро берун карда, онро фавран баъди

кашидан безарар кардан зарур аст (дар утоқ / блоки дорои камера барои безараргардонї -љойгоњи марказиро барои нобуд кардани ниќобњои истифодашуда људо бояд кард).

Дар ягон вазъият истифода кардани ниќобњои аз матоъ сохташуда (масалан, аз пахта, дока) тавсия дода намешавад.

Чорањои дезинфексияи њуљрањо ва њудуд Ќоидаҳои тоза ва безараргардонии утоќњо (биноњо) ва њудуд бояд ба таври муназзам ва

сањењ анљом дода шаванд. Њангоми тозакунии умумии пешгирикунанда, бояд поксозии тар бо об ва маводи шустушӯии рўзгор ва инчунин воситањои дезинфексиякунанда, ки дар мањбасњо барои истифода бехатаранд, бояд истифода карда шаванд.

Кормандоне, ки бо поксозї машѓуланд, бояд дар бораи олудашавї аз COVID-19 огоњ бошанд, то ки дезинфексияи сатњњо мунтазам ва њамачониба анљом дода шавад. Онњо аз сирояти COVID-19 бояд муњофизат карда шаванд ва њангоми дезинфексияи сатњњо ва рўйпӯшњо, либос ё лавозимоти бистар, ки моеи биологии организмро љаббидаанд, дастпӯшакњои якваќта пўшанд ва инчунин бояд пеш аз ва пас аз берун кардани дастпӯшакњо коркарди гигиении дастонро ба љо оранд.

Азбаски вируси COVID-19 дар муњити беруна чанд рўз метавонад зинда монад, њуљрањо ва минтаќањое, ки сироят ёфта метавонистанд, бояд пеш аз истифодаи дубора бо истифодаи маводи тозакунандаи оддии маишї тоза карда шуда, пас аз он бо маводи дезинфексиякунанда, ки мањлули бо об омехтаи натрийи гипохлорит (масалан, бо таносуби як воњиди гипохлорити натрийи моеъ бо консентратсияи аввалия 5,25%, ба 49 воњиди об бо консентратсияи нињоии таќрибан 1000 чнм ё 0,1%) дорад, безарар бояд кард. Барои љойњое, ки ба хлор тоб оварда наметавонанд, этаноли 70%-ро истифода бурдан мумкин аст. Агар хлор ё этанолро бо маќсади бехатарї дар мањбас истифода бурдан имконнопазир бошад, маводи безараргардонии истифодашаванда ќобилияти мањв кардани вирусњои дар лифофа бударо бояд дошта бошад. Ба маъмурияти мањбасњо лозим меояд, ки бо

Page 35: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

истењсолкунандагони маводи дезинфексиякунанда машварат доир карда, мањсулотеро интихоб намоянд, ки он бар зидди куруновирус фаъол бошад.

Page 36: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

Барои дар сатњи зарурї безарар гардонидан, кормандони тамизкор ва хидматрасон аввал бояд сатњњоро бо мањлули собундор ё бо маводи шустушӯй тоза карда, сипас онњо воситањои дезинфексиякунанда (безараргардони)-ро мувофиќи тавсияи истењолкуннда дар муддати ваќти барои тамос зарурї бояд истифода бикунанд. Пас аз гузаштани ваќти тамос, маводи дезинфексиякунандаро бо оби тоза шустан мумкин аст.

Либос, лавозимоти хоб, сачоќњои ваннаю дастмол ва ѓайрањоро бо собуни шустушӯии муќаррарї шустан ё бо мошини шустушӯї дар њарорати 60-90°C бо истифодаи хокањои муќаррарї љомашўї кардан мумкин аст. Партовњо бояд њамчун партовњои сироятии клиникї коркард карда шуда, мувофиќи ќоидањои мањаллї безарар карда шаванд. Дастурњоро дар бораи тоза кардани сатњи беруна дар шароити хурўљи COVID-19 дар Маркази аврупоии пешгирї ва назорати беморињо (МАПНБ) гирифтан мумкин аст39; Нигар низ замимаи 1.

Чорањои фосилагирии љисмонї Тамоми кормандон бояд аз афзоиши хатари сирояти COVID-19 гирифтан аз ашхоси дар мањбас ва љойњои боздошт воќеъбуда , ки дар давоми 14 рўзи охир эњтимол ба таъсир дучор омадаанд, сафар кардаанд ё аз чунин љойњоро убур кардаанд ё дар минтаќаҳои хатарашон зиёд зиндагї мекарданд, бояд огоњ карда шаванд.

Дилхоњ шахси боздоштшудае, ки: а) дар минтаќаи муайяни зери хатари калон ќароргирифта зиндагї кардааст ё дар он љо љой иваз кардааст,40 ё б) бо шахсе ки сироятёбиаш аз COVID-19 маълум аст, тамос гирифтааст, бояд дар як њуљраи яккаса дар давоми 14 рўз аз рўзи сафар карданаш ё аз рўзи охирини тамоси имконпазир бояд чойгир карда шавад.18 Агар љойгир кардани дастгиршуда дар љои људосози (изолятсия)-и тиббї, имконнопазир бошад, пас дастгиршудагони дорои хавф ва омилњои шабењ метавонанд дар ваќти карантин якљо бошанд. Њангоми интиќол ёфтан ба утоќи људогона, бемор бояд ниќоби тиббї пӯшад. Њангоми људосозї шахси људошуда бояд тањти назорати тиббї ќарор гирад ва на камтар аз ду бор дар як рўз, аз љумла санљиши њарорати бадан ва аломатњои сирояти COVID-19 санљида, муоина карда шавад.

Њар гуна монеањои забонї ё мушкилоти муошират арзёбї карда шуда, њар чї зудтар дастрасї ба хидматњои тарљумаи шифоњї / хаттї таъмин гардад, то ки анамнези даќик муайян карда шавад.

Баррасии масъалаи мањдудияти дастрасї ва мањдуд кардани њаракат (љойивазкунї) . Кормандони муассисањои ислоњї якљо бо маќомоти мањаллии тандурустї арзёбии њар як маврид ва шароитро анљом медињанд. Машваратњо оид ба идора кардани њайати шахсї ё шахсоне, ки дар мањбасњо /љойњои боздошт ќарор доранд, ба ин арзёбї асос хоњанд ёфт.

. Мувофиќи арзёбињои хатарњои мањаллї ва дар њамкорї бо намояндагони низоми тандурустии љамъиятї масъалаи муваќќатан манъ кардани боздидњо дар мањбасњо ва андешидани чорањо оид ба коњиш додани таъсири манфие, ки чунин чорањо ба мањбусон таъсир расонда метавонанд, бояд нуктасанљона баррасї карда шаванд. Таъсири мушаххас ва номутаносибро ба категорияњои гуногуни мањбусон, аз љумла ба кўдакони бо волидайнашон дар муассисаи ислоњї зиндагикунанда бояд ба назар гирифта шаванд. Тадбирњо оид ба мањдуд намудани даромадан / баромадани одамон дар љойњои боздошт, аз љумла мањдуд кардани интиќолњо дар дохили низоми муассисаи мањбасњо/боздошт ва мањдуд кардани дастрасї ба кормандони ѓайриасосї ва боздидкунандагон бояд ба таври мувофиќ бо бањодињии мувофиќи хатарњо баррасї карда шаванд, зеро чунин мањдудиятњо ба фаъолияти низоми боздошт таъсири васеътар мерасонанд.

39 Дастури мувваќкатї оид ба поксозї ва дезинфексияи њуљрањо ва њудуди муассисањои ѓайритиббї , ки зери таъсири алоими шадиду вазнини бемории роњи нав нафаси вируси курунои (ТОРС-CoV-2) ќарор доранд. Њисоботи техникии МАПНБ. 18 феврали соли 2020. Стокголм: Маркази аврупоии пешгири ва назорати беморињо; соли 2020 (https:// www.ecdc.europa.eu/sites/default/files/documents/coronavirus-SARS-CoV- 2-guidance-environmental-cleaning-non-healthcare- f acilities.pdf).

Page 37: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

40 Њисобот оид ба рушди вазъият дар дастрасї иртибот::замимаи Њисоботњо дар бораи вазъият бо бемории вируси куруно (COVID-19). Женева : Созмони љањонии тандурустї , соли 2020 (https:// www.who.int/emergencies/diseases/novel-coronavirus-2019/situation-reports ).

Page 38: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

22 Ба шумораи тадбирњое, ки баррасї мегарданд, мавридњои мувофиќи зерин дохил мешаванд: мањдудияти ташрифи хешовандон, кам кардани шумораи боздидкунандагон ва / ё давомнокї ва басомадњои боздидњо, инчунин ворид намудани видео-конференсияњо (масалан, тавассути Skype) барои аъзои оила ва намояндагони низоми судї, ба монанди мушовирони њуќуќї.

Аз љумла:• масъалаи тахќиќ кардан тавассути мустаќилона пур кардани пурсишнома

дар вурудгоњ, бо маќсади истисно кардании шахсони дорои аломатњо баррасї шуда метавонад;

• боздидкунандагоне, ки худро бад њис мекунанд, бояд дар хона бимонанд ва ба муассиса наоянд;

• ќормандон њангоми дар онњо пайдо шудани ягон аломат ё алоими хос бояд дар хона бимонанд ва ба кумаки тиббї мурољиат намоянд

Протоколи хидматї (расмӣ) бояд тањия карда шавад, ки тартиби амалњоро дар чунин њолатњо муайян карда, ошкор кардани мавридњои шубњаангез ё тасдиќшудаи COVID-19 ё шахсони бо ў дар тамосбударо дар бар мегирад.

Кормандоне, ки пас аз сафар аз минтаќањои олудашуда ба кор бармегарданд ё ќаблан њамчун шахси эњтимолан сироятёфта муќаррар карда шудаанд. Кормандоне, ки дар мањбасњо/ љойњои боздошт кор мекунанд, агар ба љое сафар карда бошанд, ё дар чойњои зиндагї бикунанд, ки он љо вобаста ба хуруљи COVID-19 хатарњои зиёд дошта бошад, бояд аз хадамоти њифзи мењнат ва бењдошт (гигиена)-и касбии созмони мувофиќи худ машварат гиранд; онњо инчунин бояд мунтазам бо маълумоти навтарин дар бораи хуруљи COVID-19 шинос шаванд, ки дар сомонаи СЉТ нашр карда мешавад,40 инчунин аз маќомоти миллї ва мањаллии њифзи тандурустии љамъиятї оид ба њама гуна мањдудиятњо / даврањои карантинии имконпазир шинос шаванд.

Муассисањои пенитенсиарї наќшањои хешро оид ба таъмини кори муттасил ва наќшањои амал дар вазъиятњои фавќулодда бознигарї карда, онњоро таљдид намоянд, то ки иљроиши наќшањои мазкур барои анљом додани вазифањои асосии онњо бо шумораи кам (ихтисоршуда)-и кормандон дар баробари таъсири манфї нарасондан ба таъмини амният дар мањбасњо имкон дињад.

Агар корманд бемор шавад ва ишора кунад, ки вай ба COVID-19 мубтало шудааст, бояд чӣ гуна тадбирҳо андешида шаванд?Агар корманди мањбас худро нохушоянд эњсос бикунад ва ба љое рафта бошад ё љое зиндагї кунад, ки он љо мањалли пањншавии COVID-19 аст, ўро бояд њадди аќал дар масофаи 1 метр аз ашхоси дигар дур бояд кард. Агар имкон бошад, як њуљра ё љойе бояд људо кард, ки дар он кормандро зери дари пўшида, масалан, дар утоќи хидматї љойгир кардан, агар шароит бошад, тирезаро барои њаводињї боз кардан зарур аст.

Page 39: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

Кормандони муассисањои пенитенсиарї (ё шахси беморшуда) бояд ба хадамоти тиббї ё хадамоти ёрии таъљилї мурољиат кунанд (агар онњо љиддї бемор бошанд ё ба њаёти онњо хатар тањдид намояд) ва аломатњои клиникии љорї ва таърихи эпидемиологиро шарњ бидињанд ва дар бораи љойивазкунињои охирин иттилоъ бидињанд (ниёз ба ин метавонад набошад, агар муассисаи пенитенсиарї дар минтаќаи зарардида ќарор дошта бошад). Агар љабрдида бо ягон сабаб худаш духтурро даъват карда натавонад, пас корманди дигар бояд аз номи вай ба духтур мурољиат бикунад.

Ваќте ки бемор интизори машварат ё омадани ёрии таъљилї аст, вай бояд аз одамони дигар дар фосилаи на камтар аз 1 метр дуртар истода бошад ва, агар имкон бошад, дар дохили утоќи алоњидаи дарпўшида бошад. Бемор бояд аз тамоси љисмонї бо одамон, рўяњои ашё ва ашё дурї љўяд ва ниќоби тиббї бипўшад. Агар ниќоби тиббї мављуд набошад, пас њангоми сулфидан ё атса задан ў бояд дањону бинии худро бо дастмоли якваќта пўшонад ва ин дастмолро ба халтача андохта, ба зарфи партовпартої партояд. Дар сурати набудани дастмолча, вай бояд ба љои ќатшудаи оринљ сулфа ва атса бикунад.

Агар бемор њангоми мунтазири кўмаки тиббї будан ба њољатхона рафтанї бошад, ў бояд дар ин њолат аз њољатхонаи алоњидае истифода бикунад, агар чунин мављуд бошад. Ин танњо ба мўњлате дахл дорад, агар бемор интизори интиќол додан ба бемористон бошад Бо назардошти хатари эњтимолии сироят ёфтани сатњњои беруна ва муњит муњим аст, ки баъди аз њољатхона истифода кардани бемори ба коронавирус гумонбаршуда поксозї ва дезинфексия (безараргардони)-и зарурии њољатхона ва љои нишасти ў бояд анљом дода шавад.

Page 40: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

24

13.АРЗЁБИИ МАВРИДЊОИ ШУБЊААНГЕЗИ СИРОЯТЁБЇ АЗ ВИРУСИ COVID-19 –и ШАХСОНЕ,КИ ДАР МАЊБАС/ ЉОЙЊОИ БОЗДОШТ ЌАРОР ДОРАНД. Ошкор кардани мавридњо бояд тибќи муќаррароти ташкилотњои миллї / фавќулмиллї барои муассисањои кўмаки аввалияи тиббию санитарї ва љомеањо бояд амалї карда шавад.Шубњаи сироятёбиро дар байни шахсони мањбусшуда тавассути огоњ кардан аз љониби кормандони мањаллии мањбас / љойи боздошт, мањбусони дигар / боздоштшудагон, мурољиати мустаќилона ва муоина (тањќиќ) њангоми ќабул шудан ё тавассути дигар усулњо муайян кардан мумкин аст. Муайян кардани мавридњоро дар боби 11 дар боло нигаред..Вобаста ба сатњи хатари мањаллї, барои арзёбии њолати ашхоси нав ба мањбас воридшуда тартиботи иловагї метавонад талаб карда шавад..Андешидани тадбирњои зеринро баррасї бояд кард:

• ташкили минтаќаи махсус барои тањќиќ дар даромадњои муассиса • муќаррар кардани тартиби изолятсия (људосозї)-и фавќулоддаи шахсони ба мављудияти

сироят гумонбаршуда.

Тавсияњо оид ба истифодаи ВМИ ва дигар чорањои эњтиётии стандартї барои кормандони тиббї ва ѓайритиббї дар муассисањое, ки беморонро нигоњубин мекунанд.

Кормандони тиббии мањбасњо /љойњои боздошт шояд бевосита бо беморони ташхиси эњтимолии COVID-19 дошта кор мекунанд, ѓайр аз ин кормандони муассисањои мањбасї ва хадамоти наќлиётї, хусусан дар марњилаи аввал низ метавонанд љалб карда шаванд. Ин чунин маъно дорад, ки њама кормандон (кормандони хидматї ва кормандони тиббии муассисаи мањбасї) бояд бо чорањои стандартии эњтиётї, ба монанди гигиенаи шахсї, чорањои асосии ПНС, инчунин ќоидањои њаддал имкон бехатари муомила бо шахси нисбати доштани COVID-19 гумонбаршуда шинос шаванд, то ки пањншавии сироятро пешгирї намоянд.Идоракунии ПНС аз пўшидани ВМИ –и дараљаи дахлдори муњофизат бо дарназардошти арзёбии хатар, инчунин таъмини бехатари безараргардонии партовњо, ба таври зарурї шустани либос ва љињози бистар, тоза кардани њуљрањои бино ва њудуди бино, стерилизатсия (безараргардони)-и таљњизоти нигоњубини бемор иборат аст.

ВМИ барои кормандони хидматии муассисањои мањбасї

Њангоми анљом додани чорабинињое, ки тамоси зичро бо шахсони гумонбари COVID-19 ё ин ки шахси дар ў ин беморї тасдиќшуда таќозо мекунад, масалан, гузарондани пурсиши одамон дар масофаи камтар аз 1 метр ё њабс намудан ва мањдуд кардани њаракат, маљмўи тавсияшавандаи њадди аќали ВМИ, ки бояд кормандони хидматрасонї / мушоаят (конвой) бипўшанд, зерин истифода мешавад: )

Page 41: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

• дастпўшакњои якваќта • ниќоби тиббї • дар њолати мављуд будан, либоси махсуси якваќтаи муњофизатї ва воситаи якваќтаи

муњофизати чашм (масалан, ниќоби муњофизатї ё айнак).

ВМИ барои кормандони тиббМаљмўи тавсияшавандаи њадди аќали ВМИ барои кормандони соњаи тиб, ки њангоми кор бо шахси ба гирифтории вирус гумонбаршуда ё дар ў мављудияти COVID-19 тасдиќшуда зарур аст:

• ниќоби тиббї • либоси муњофизатии махсус • дастпўшакњо • муњофизат барои чашм (масалан, айнаки якваќта ё ниќоби муњофизатї)• халтањои тиббї барои партовњо• маводи бењдоштї барои дастон • мањлулњои шустушўии таъйиноти умумї ва безараргардонии дорои таъйиноти

умумӣ, ки зидди вирусї буда, барои истифода аз љониби маъмурияти маҳбас маъќул дониста шудаанд.

Кормандони тиб бояд респираторњоро танњо барои пошидани аэрозолњо истифода баранд; барои маълумоти бештар дар бораи истифодаи респираторҳо нигаред поёнтар ба фасли 14 ва дастури СЉТ оид ба истифодаи ВМИ.27

Барои кулли кормандон, ВМИ бояд пас аз њар тамос бо афроди ба гирифтории сироят гумонбаршуда ё тасдиќшуда иваз карда шавад.

Берун кардан (кашидан)-и ВМИ.ВМИ-ро бояд бо тартибе берун бояд кард, ки эњтимолияти олудашавии салибї њадди аќал кам карда шавад. Пеш аз тарк кардани њуљрае, ки бемор дар он љойгир аст, дастпўшак, либоси муњофизатї / хилъат, воситањои муњофизати чашм ва ниќоб (бо он тартибе, ки агар онњо пўшонида шуда бошанд) кашида шуда, њамчун партовњои клиникї бояд безарар ќарда шаванд. Пас аз тарк кардани бино, ниќобро метавон њамчун партовњои клиникї дар як зарфи мувофиќ безарар кард.

Тартиби дурусти кашидани ВМИ аз зерин иборат аст:(1) кашидани дастпўшак ва безараргардонии онњо њамчун партовњои клиникї (2) тавассути шустушўй ё бо гели спиртї анљом додани бењдошти дастон (3) кашидани хилъат /либоси махсус, тањ карда, ба контейнери партовњои клиникї гузоштани он(4) кашидани айнаки муњофизатї /ниќоби муњофизатї танњо аз нўки сар ё пањлўњо ва њамчун

партовњои клиникї безарар кардани он (5) аз аќиб кашидани ниќоби тиббї ва њамчун партовњои клиникї безарар кардани он (6) анљом додани гигиенаи (бењдошт)-и дастон.

Тавсияњои минбаъдаи СЉТ оид ба истифода ва аз бар кашидани ВМИ бо расму аксњо дар шабакаи Интернет дастрас аст.41,42 Тамоми ВМИ–и истифодашуда бояд њамчун партовњои клиникї безарар карда шаванд.

41 Воситањои муњовизати инфироди(ВМИ)-ро чи гуна бояд пўшид ва берун кард ? [вараќаи иттилоотї ]. Женева: : Созмони љањонии тандурустї ; соли 2008 (https:// www.who.int/csr/resources/publications/PPE_EN_A1sl.pd f).

42 Пошаговый порядок надевания средств индивидуальной защиты (СИЗ) [плакат]. Женева: : Созмони љањонии тандурстї ; соли 2020 (https:// www.who.int/csr/disease/ebola/put_on_ppequipment.pd f).

Page 42: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

26 Гигиена (бењдошт)- дастон Гигиенаи даќиќи дастон барои паст кардани хатари олудашавии мутаќобила (салибї) зарур аст. Бояд зеринро зикр кард:

• гигиена дастон аз дезинфексия (безараргардони)-и дастон бо ёрии маводи зиддисептики спиртї ё бо ёрии собуну об иборат аст;

• агар чирки дастон чирк аён набошад, барои дезинфексияи дастон истифода кардани мањлулњои спиртї-зиддисептикњо бењтар аст ;

• агар зиддисептики спиртї истифода шавад, вай бояд на камтар аз 60% спирт дошта бошад;• агар ифлосшавии дастон намоен бошад, онњоро њама ваќт бо собун шустан лозим аст.

Тамоми кормандон бояд равиши «Панљ лањзаи ман барои бењдошти дастон»-ро барои безараргардонии дастони худ истифода бикунанд:

(1) пеш аз тамос бо бемор (2) пеш аз њар гуна протседураи шустан ё коркарди асептикӣ(3) баъди ба пўст расидани моеи биологии организм (4) пас аз тамос бо бемор (5) пас аз тамос бо сатњњои атрофи бемор.

Маълумоти муфассал дар бораи тарзи дурусти шустани дастњо дар шакли постер, ки ба хусусиятњои муассисаи ислоњотї мутобиќ карда шудааст, дар сомонаи СЉТ љойгир карда шудааст.43

Тавсияњо оид ба масъалањои фаъолияти полис, хадамоти сарњадї ва муњољират

Кормандони полис, хадамоти сарњадї ва муњољират метавонанд ба њолатњое дучор оянд, ки шахси аз љониби онњо дастгиршаванда ё шахси дастгиршудаи дар љойњои мањрумият аз озодї ќарордошта, њамчун шахси эњтимол бо COVID-19.44 сироятёфта мањсуб меёбад.44

Агар барои ба шахсе, ки аломатњои беморї дорад ва ё чун шахси эњтимолан бо вируси COVID-19 сироятёфта мањсуб ёбад, ин шахс, агар имкон бошад, дар љои аз одамони дигар дуртар љойгир карда шавад. Агар њуљраи алоњида мављуд набошад, бояд аз одамоне, ки ба ин шахс кўмак мерасонанд, хоњиш бояд кард, ки аз ин шахс дуртар ќарор гиранд. Агар монеањо ё пардадевор (ширма)-њо мављуд бошанд, онњоро низ истифода кардан лозим аст.

.Тадбирњои муносиби ПНС бояд амалї шаванд. Њангоми анљом додани чорабинињоие, ки алоќаи зичро бо шахси аломатдошта бо гумони мављудияти COVID-19 таќозо мекунад (масалан, мусоњиба ё пурсиши мардум ё њабс дар масофаи камтар аз 1 метр ё њабс кардан ва мањдуд кардани љойивазкунї), кормандон бояд ВМИ-и зеринро бипўшанд:

• даспўшакњои якваќта • ниќоби тиббї • либоси махсус /хилъати остиндароз • муњофизат барои чашм (масалан, ниќоби муњофизатї ё айнаки муњофизатї).

43 Дастро чї гуна бояд шуст? [постер]. Женева: Созмони љањонии тандурустї; соли 2009 (https:// www.who.int/gpsc/5may/How_To_HandWash_Poster.pd f).44 Иттилооти нисбатан муфассалро нигар : Дастур барои шахсоне, ки кўмаки аввалия мерасонанд ва дигар шахсоне, ки , бо одамони

нишонаҳои сирояти эҳтимолии COVID 19. дошта дар тамоси наздик мебошанд: Лондон Тандурустии љамъиятии, Англия; соли 2020 . (https:// www.gov.uk/government/publications/novel-coronavirus-2019-ncov-interim-guidance-for-first-responders/interim-guidance-for-first- responders-and-others- in-close-contact-with-symptomatic-people-with-potential-2019-ncov).

Page 43: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

14. НАЗОРАТИ МАВРИДЊО

Назорати мавридњо бояд тибќи муќаррароти мављудаи созмонњои миллї / фаќулмиллї барои ташкили кўмаки аввалияи тиббию бењдоштї ва љомеањо амалї карда шавад.

Табобати клиникии сирояти шадиду вазнини роњи нафас (СШВРН) њангоми гумонбар шудан ба мављудияти COVID-19Созмони чањонии тандурустї дастуреро ба чоп омода кард ва ин дастур барои мутахассисони клиникие пешбинӣ шудааст, ки дар табобати клиникї ва нигоњубини калонсолон, беморони њомила ва педиатрии гирифтори вируси СШВРН ё ки ба олудашавї аз вируси COVID-19.45 гумонбаршуда иштирок мекунанд ва барои сироятёбии худ хатар доранд ..45 Дастури мазкур љойгузини арзёбии клиникї ё маслињати мутахассис нест, балки њадафаш баланд бардоштани самаранокии назорати клиникии чунин беморон ва тавсияњои дахлдорро пешнињод кардан мебошад. Мисолњои аз таљрибаи пешќадам оид ба НПС, муќаррар кардани навбати афзалиятњои чорањо ва бењтарсозї (оптимизатсия)-и муолиљаи дастгирикунанда ворид карда шудаанд

Дастури СЉТ аз фаслњои зерин иборат аст:1. Пешзамина2. Скрининг ва муќаррар кардани навбати афзалиятњо: вобаста бо COVID-19 сари ваќт

ошкор кардани беморон бо СШВРН.3. Таъљилан амалї сохтани чорањои мувофиќ дар доираи ПНС 4. Љамъ кардан намунањо барои ташхиси озмоишгоњ 5. Табобати навъи сабуки COVID-19 : табобати аломатї ва мушоњида (назорат)6. Табобати навъи вазнин COVID-19: табобати оксигенї ва мушоњида (назорат7. Табобати навъи вазнини COVID-19: муолиљаи сироятњои њамроњикунанда 8. Табобати навъи бўњронии COVID-19: дистресс-алоими шадиди роњи нафас (ДАШРН)9. Табобати беморињои бўњронї ва COVID-19: пешгирии оризањо10. Табобати навъи беморињои бўњронї ва COVID-19: шоки септикї 11. Табобати адъюнктивї (муштарак, иловагї) њангоми COVID-19: кортикостероидњо12. Нигоњубини занњои њомилаи мубталои COVID-19 .13. Нигоњубини кўдакони навзод ва модарони мубталои COVID-19: ННС бо сина шир додан14. Нигоњубини шахсони куњансоли мубталои COVID-19.15. Тањќикоти клиникї ва усулњои махсуси табобати COVID-19.

45 Табобати клиникии сироятии шадиду вазнини роњхои нафас (СШВРН) њангоми гумонбар шудан ба мављудияти COVID-19: дастури муваќќатї (13 марти соли 2020). Женева: Созмони љањонии тандурустї; 2020 соли (https:// www.who.int/publications-detail/clinical- management-of-severe-acute-respiratory-infection- when-novel-coronavirus-(ncov)-infection-is-suspected).

Page 44: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

28 14.2 Чорањои иловагии эњтиётї Беморонро ба утоќи дорои вентилятсия (гардиши)-и кофии њаво љойгир бояд кард. Агар шумораи зиёди њолатњои шубњанок ошкор кард шаванд ва утоќњои људогона набошанд, беморони эњтимолан мубталои бемории COVID-19 бояд якљо љойгир карда шаванд. Аммо, њамаи катњои беморонро новобаста аз он, ки онњо ба сироятёбї аз COVID-19 гумонбар шудаанд ё не дар масофаи на камтар аз 1 метр аз њамдигар љойгир кардан зарур аст.

Барои нигоњубини танњо шахсони ташхисашон дар гумонбуда ё тасдиќшуда бо маќсади кам кардани хатари сироят, гурўњи кормандони тиббї ва кормандони расмии мањбас / љойњои боздошт бояд таъйин карда шаванд.

Утоќу њуљрањо ва худуди биноњоро пас аз муайян кардани шахси ба мављудияти вирус гумонбаршуда дар љойњои боздошт чї гуна бояд поксозї кард?

. Пас аз интиќоли шахси гумонбаршуда ба COVID-19 аз мањбас ё боздошт ба муассисаи табобатї, њуљрае, ки дар он бемор љойгир карда шуда буд ва маконе, ки бемор дар он њузур дошт, то анљом додани дезинфексия (безараргардони)-и мувофиќ набояд истифода шавад. Дарњо бояд мањкам карда шаванд, тирезањо бояд кушода бошанд ва кондитсионер бояд аз кор боздошта шавад, то даме, ки њуљрањо бо маводи шустушўии виросидї ва безараргардонї, ки барои истифода дар мањбасњо иљозат дода шудааст, тоза карда нашавад. Маълумоти муфассал оид ба поксозї ва дезинфексия дар сомонаи СЉТ46 ва дар Замимаи 1 оварда шудааст.

Пас аз ба анљом расидани раванди поксозї, њуљра /утоќро фавран дубора истифода кардан мумкин аст. Муомилот бо таљчњизот ва абзорњои тиббї, љомашўйхона, зарфњо барои ѓизогирии умумї ва партовњои тиббї бояд тибќи сиёсат(тартибот)-и муомилот бо партовњои тиббї дар муассиса амалї карда шавад.

Бастаи маводњо оид ба бемории COVID-19 маводњое дорад, ки барои мушоњида (назорат), ташхиси озмоишї, идоракунии клиникї ва ПНС заруранд. 47

Озод кардани одамон аз мањбас ва љойњои боздошт Агар шахсе, ки љазояшро тањаммул кардааст, дар лањзаи озод шудан њомили фаъоли COVID-19 бошад ё шахсе бошад, ки бо њомили COVID-19 дар тамос будааст ва њанўз 14 рўз инчониб дар карантин ќарор дорад, хадамоти тиббии муассисаи ислоњї бояд љойеро, ки шахси озодшуда бояд дар он љо барои карантин фиристода шавад, таъмин бикунад, то ки дар он љо маќомоти салоњиятдори мањаллї дар бораи рањо шудани чунин шахс хабардор карда шаванд ва чорањои минбаъд назорат (мушоњида) кардан аз љониби маъмурияти мањбас ба маќомоти салоњиятдори мањаллї интиќол дода шаванд.

Агар шахси озодшуда пас аз адои мўњлати њабс ба беморхона ё дигар муассисаи тиббї интиќол дода шавад, вале то њол дар њолати карантинї / муолиљаи тиббии сирояти COVID-19 ќарор дошта бошад, пас муассисаи ќабулкунанда бояд дар бораи маќоми ин шахс (тасдиќшуда ё гумонбаршуда) огоњ карда шавад; то ки он барои људосози (изолятсия)-и мувофиќ омода гардад.

46 Ниго њубини беморони ба сирояти вируси нави куруно (nCoV) гумонбаршуда бо аломатњои сабук ва назорати тамосњо дар хона; дастури муваќкатї (4 феврали соли 2020 ).Женева: : Созмони љањонии тандурустї ; соли 2020 (https:// www.who.int/publications-detail/home-care-for-patients-with- suspected-novel- coronavirus-(ncov)-infection-presenting-with-mild-symptoms-and-management-of-contacts).

47 Бастаи маводњо оид ба вируси нави куруно (COVID-19). Женева: : Созмони љањонии тандурустї, соли 2020 (https:// www.who.int/emergencies/what-we-do/prevention-readiness/disease-commodity-packages/dcp-ncov.pd f).

Page 45: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

15. МАНБАЪЊОИ ИТТИЛООТЇ 29

Дастури умумии СЉТ оид ба COVID-19Портали иттилотї COVID-19: https:// www.who.int/emergencies/diseases/novel-coronavirus-2019

Иттилооти њаррўза оид ба хурўљи COVID-19, https:// www.who.int/emergencies/diseases/novel-

coronavirus- 2019/situation-reports

Саломатии равонї ва масъалањои иљтимої Бартараф кардани стресс дар давраи хурўљи COVID-19https:// www.who.int/docs/default-source/coronaviruse/coping-with-stress.pdf?sfvrsn=9845bc3a_2

Кўмак ба кўдакон барои бартараф кардани стресс њангоми хуруљи COVID-19https:// www.who.int/docs/default-source/coronaviruse/helping-children-cope-with-stress-print.pdf?sfvrsn=f3a063ff_2 Масъалањои саломатии равонии гурўњњои гуногун (аз љумла кормандони соњаи тиб) њангоми хуруљи COVID-19, https:// www.who.int/docs/default-source/coronaviruse/mental-health-considerations.pdf?

sfvrsn=6d3578af_10

Пешгирии стигмаи иљтимої, ки ба COVID-19 марбут аст. https:// www.epi-win.com/sites/epiwin/files/content/attachments/2020-02- 24/COVID19%20Stigma%20Guide%2024022020_1.pdf

Ёддошти иттилоотии МПК оид ба љанбањои саломатии равонї ва дастгирии психологию иљтимоӣ (ДПИ) њангоми COVID- 19 https://interagencystandingcommittee.org/iasc-reference-group-mental-health-and-psychosocial-support-emergency- settings/briefing-note-about

Маркази аврупоии пешгирї ва назорати беморињо Портали иттилоотии COVID-19: https:// www.ecdc.europa.eu/en/novel-coronavirus-china

Идораи СММ оид ба маводди мухаддир ва љиноят Арзёбии риояи Ќоидањои Нелсон Мандела: рўйхати назоратии саволњо барои механизмњои назорати дохилї (2017) https:// www.unodc.org/documents/justice-and-prison-reform/17- 04946_E_ebook_rev.pdf

Маълумотнома оид ба стратегияи паст кардани сатњи аз њад зиёд пуршавии мањбасњо (соли 2013), tps:// www.unodc.org/documents/justice-and- prison-reform/Overcrowding_in_prisons_Ebook.pdf

Шарњи мухтасари сиёсат дар соњаи пешгирї, муолиља нигоњу бин вобаста ба вируси норосаии масунияти одам дар мањбасњо ва дигар муассисањои навъи пўшида (соли 2013),

https:// www.unodc.org/documents/hiv- aids/HIV_comprehensive_package_prison_2013_eBook.pdf

Маълумотнома оид ба муомила бо мањбусони ниёзњояшон хосса (соли 2009), https:// www.unodc.org/pdf/criminal_justice/Handbook_on_Prisoners_with_Special_Needs.pdf

Тандурустии љамъиятии АнглияТандурустии љамъиятии Англия (ТЉА) – Тандурустии љамъиятї дар мањбасњо ва муассисањои навъи пўшида (маљмўи манбаъњо), https:// www.gov.uk/government/collections/public-health-in-prisons COVID-19: мањбасњо ва дигар љойњои барои боздошт муќарраршуда. https:// www.gov.uk/government/publications/covid-19- prisons-and-other-prescribed- places-of-detention- guidance

Page 46: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

Институти Роберт Кох Портали иттилоотї (ба забони олмонї)

https:// www.rki.de/DE/Home/homepage_node.html

Комиссияи миллї оид ба масъалњои њифзи саломатї дар муассисањои ислоњї Шумо бояд дар бораи COVID-19 чиро бидонед?https:// www.ncchc.org/blog/covid-19-coronavirus-what-you-need-to-know-in-corrections

Ислоњоти байналмилалии мањбасњо Ёддошти мухтасар дар мавриди COVID-19, њифзи саломатї ва њуќуќњои шахсони мањбусшуда, https:// www.penalreform.org/resource/coronavirus- healthcare-and-human-rights-of-people-in

Page 47: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

ЗАМИМАИ 1ПОКСОЗИИ ЊУЉРАЊО ВА ЊУДУДИ БИНОЊО ПАС АЗ МУАЙЯН КАРДАНИ ШАХСОНИ БА COVID-19 ГУМОНБАРШУДА ДАР ЉОЙЊОИ БОЗДОШТ Тадбирҳои пешгирї ва назорати сироят (ТПНС) барои коњиш додани хатари интиќоли сироят дар мањбас ва љойи боздошт хеле муњим мебошанд. Тоза кардани њуљрањои хидматрасонии тиббї ё њуљрањо, ки дар он љо шахсони ба сироят гумонбаршуда табобат мешаванд, дахолати муњим барои назорат кардани сироят ва њарчи зудтар таъмин кардани имконияти такроран истифода бурдани њуљра мебошанд. Пас аз интиќол додани шахси эҳтимолан бо COVID-19 сироятёфта аз макони нигоњдорї ё њабс, њуљрае, ки бемор љойгир карда шуда буд, набояд истифода шавад; То он даме, ки поксозї бо истифода аз маводи шустушӯй ва дезинфексиякунанда анљом дода нашавад, дарњо бояд баста бошанд, тирезањо кушода шаванд ва кондитсионер хомўш карда шавад (агар лозим бошад). Пас аз ба охир расидани раванди поксозї њуљраро фавран дубора истифода кардан мумкин аст.

ОмодагїШахси масъули тамизкорї бо маводи шустушӯйї ва дезинфексиякунанда бояд амалњо ва расмиёти зеринро анљом дода тавонад:• љамъ кардани тамоми абзори/техникаи тамизкорї ба халтањои партовњо пеш аз дохил шудан ба

бино /њуљра • безараргардонии латтањои дилхоњ ва швабрањо њамчун ашёи истифодаи якваќта • анљом додани гигиенаи дастон, сипас пўшидани пешбанди пластикї /хилъат ва дастпўшакњои

якваќта.

Дар мавриди дохил шудан ба дохили бино • њангоми истифодаи маводњои шустушўї ва дезинфексиякунанда дарро пўшида

нигоњ дошта, тирезањоро кушодан зарур аст: дар ин маврид љараёни њаво ба утоќ дохил шуда, гардиши он бењтар мегардад;

• тамоми ашёе, ки барои нигоњу бини бемор истифода шуда буданд, њамчун партовњои клиникї, масалан, маводњои дохили сатили партовњо ва дигар маводњои истифодашуда, ки онњоро бо ёрии маводи шустушўї ё дезинфексиякунанда поксозї кардан мумкин нест, ба халтањо андохта, дањони онњо баста мешавад

• аз хона тамоми пардањо ё пардадеворњо ё љињози бистарро бароварда, ба халта њамчун маводи сироятдор андохтан лозим аст.

• дилхоњ зарф (контейнер)-и ашёи тези тиббидоштаро мањкам карда, рўяњои онро бо омехтаи шустушўйї / мањлули дезинфексиякунанда, ки маводи виросидї дорад ва он дар тамѓаи тиљоратї нишон дода шудааст, тоза бояд кард ё аз маводи шустушўии нейтралиро истифода карда, сипас бо моддањои виросидї, ки барои истифода дар муассиса иљозат дода шудааст, безарар бояд кард.

Раванди тоза кардан (тамизкорї) Дастмолњои якваќта/коѓазњои лўлапечи як ваќта/швабрањои якваќтаро барои тоза кардан ва дезинфексия (безараргардони)-и тамоми рўи сатњњои сахт/фаршњо/роњаткурсињо/дастаки дарњо/воситањои ғайриинвазии якваќтаи нигоњубин/фурнитурањои санитарии утоќр бо яке аз ду усули дар зер зикршуда истифода бояд бурд:• мањлули шустушўйї / дезинфексиякунандаи бо виросид омехтаро, ки дар

тамѓакоѓазаш нишон дода шудааст, истифода бояд кард.

• ё маводи шустушўии нейтралиро истифода карда, пас аз он маводи дезинфексиякунандаи виросиддоштаро, ки маъмурияти мањбас тасдиќ кардааст, истифода бояд бурд.

Њангоми истифодаи тамоми маводњои шустушўї ва дезинфексиякунанда дастурњои

Page 48: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

истењсолкунандаро чињати мањлул кардани он ва ваќти тамос доштан бо онњо риоя бояд кард.

Дилхоњ латтањо ва шавбрањо њамчун ашёи якваќта бояд безарар карда шаванд.

* COVID-19: временное руководство по оказанию первичной медицинской помощи ( 25 февраля соли 2020 тачдид шудааста). Лондон: Тандурустии љамъиятии Англия; 2020 год (https://www.gov.uk/government/publications/wn-cov-guidance-for-primary-care/wn-cov-interim-guidance-for-primary-care).

Page 49: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

32 Поксозї ва безарагардонии таљњизоти бисёристифода• њама гуна таљњизоти и ѓайриинвазии такроран бисёристифодашавандаро, аз

ќабили мониторњои фишори хун, њароратсанљњои раќамї ва њисобкунакњои глюкозаро, ки даруни хона ќарор доранд, пеш аз баровардан тоза ва безарар (дезинфексия) кардан лозим аст.

• тамоми таљњизоти такроран истифодашавандаро, аз боло ё аз нуќтаи дуртаринаш ба таври систематикї тоза бояд кард.

Пўшиши ќолинї ва мебели нарм Агар фаршњои ќолинпўш / ќисмњои ќолинњо ба мањсулоти хлордошта тоб наоранд, дастурњои истењсолкунандаро барои алтернативаи мувофиќ дар оянда ё дар якљоягї бо поксозї бо маводи шустушўйї бояд омӯхт.

Њангоми баромадан аз бино • эњтиёткорона маводи шўянда /мањлулњои безарар (дезинфексиякунанда)-ро ба

љойњои безараргардонї партофтан /рехтан зару аст • тамоми партовњое, ки ба олудагї машкуканд (шубњаноканд) бояд аз дохили бино

бароварда шуда, њамчун партовњои тиббї мувофиќи Дастурамали соњавї оид ба муомилот бо партовњои тиббї безарар карда шаванд

• тоза ва хушк кардан ва нигоњ доштани ќисмњои бисёристифодаи абзори/техникаи поксозї, ба монанди дастакњои швабра (чўби фаршшўї)

• кашидан (бардоштан) ва ба њамчун партовњои тиббї безарар кардани корљома ва воситањои муњофизати инфиродї (ВМИ)

• анљом додани бењдошти дастон.

Поксозии чойњои истифодаи умумї Агар шахси машкук (гумонбар) ба мубталои инфексия дар утоќи истифодаи умумї ќарор дошта бошад, пас он љойњоро њарчи зудтар бо воситањои шустушўї ва дезинфексия пок ва безарар кардан (тавре ки дар боло тавсиф карда шудааст) лозим аст, ба истиснои њолатњои расидан(чакидан)-и хун ё моеъи биологӣ, дар ин маврид андешидани чорањои зарурии безараркуни (дезинфексия)-и фаврї зарур мбошад. Пас аз анљом додан поксозї ва дезинфексия ин љойро дубора истифода кардан мумкин аст

Безараргардонии воситањои наќлиёт пас аз интиќоли шахсони эњтимолан сироятёфта Њар як воситаи наќлиёте, ки барои интиќоли шахсони эњтимолан сироятёфта истифода мешавад, бояд њарчи зудтар, то аз нав ба кор даровардани он (бо истифодаи усулњои барои тоза кардани њуљрањо, майдонњо ва њудудњо пас аз интиќол додани шахси сироятшуда таъйиншуда) тоза карда, безарар (дезинфексия) кардан зарур аст.

Page 50: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

Дафтари минтаќавии аврупоии СЉТ

Созмони Љаҳонии Тандурустӣ (СЉТ) агентии махсуси Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ки соли 1948 таъсис дода шудааст ва вазифаи асосии он масъалањои ҳифзи саломатї дар сатњи байналмилалї ва тандурустии љамъиятї мебошад. Дафтари Минтақавии СЉТ дар Аврупо яке аз шаш идорањои минтақавӣ дар ҷањон аст, ки њар яки он барномаи худро оид ба беморињои мушаххаси тиббӣ ва патологияҳои мушаххас дар кишварњҳое, ки ба онњо хидмат мерасонанд, амалї месозанд Давлатњои аъзо Албания Андорра Арманистон Австрия Озарбойљон Беларус БелгияБосния ва Герсеговина Булѓористон Хорватия Кипр Чехия Дания Эстония Финляндия Фаронса Гурчистон Олмон Юнон МаљористонИсландия Ирландия Исроил Итолиё Ќазоќистон Ќирѓизистон Латвия Литва Люксембург Малта Монако Черногория НидерландњоМакедонияи Шимолї НорвегияЛањистон ПортугалияЉумњурии Молдова РуминияФедератсияи Руссия Сан-МариноСербия Словакия Словения Испониё Шветсия Швейтсария Тољиикстон Туркия Туркманистон

Украина Британияи Кабир Ўзбекистон

Page 51: Microsoft Word - Covid_19_prisons_online_RU (003) · Web viewСанади мазкур дар асоси маълумоти охирини дастрас дар бораи хуруљи

Созмони љањонии тандурустї, Дафтари минтаќавї дар Аврупо Шањраки СММ, Марморвей 51, DK-2100 Копенгаген Ø, Дания, Тел: +45 45 33 70 00, факс: +45 45 33 70 01,Почтаи электронї: [email protected] Вебсайт: www.euro.who.int