320
Той ров У., Соленов М., Шарифов Р. АДАБИЁТИ )^айати мушовараи Вазорати маорифи Цум^урии Точикистон ба чоп тавсия кардааст.

АДАБИЁТИmavod.tj/mybook/books/2714727166505833.pdfхуд огози пайдоиши адабиёти касбй ба шумор меравад. Дар асрх,ои миёна

  • Upload
    others

  • View
    145

  • Download
    0

Embed Size (px)

Citation preview

Той ров У., Солено в М., Шарифов Р.

А Д А Б И Ё Т И

)^айати мушовараи Вазорати маорифи Цум^урии Точикистон

ба чоп тавсия кардааст.

ББК 83.3 (2 точик) Я - 72 Т 65

Ин китоб дар доираи Лоих,аи тачдиди сох,аи маориф нашр гардидааст.

Тоиров Урватулло, Солевое Мирзо, Шарифов Рачаб Адабиёти тоник, китоби дарсй барои синфи 10 - ум ЧММ «Граф Полиграф», Душанбе. Соли 2010, 330 сах,ифа.

Истифодаи китоб

№ Ному насаби хонанда

Синф Солихониш

^олати китоб (бах,ои китобдор)Аввали

СОЛОхири

СОЛ

1

2

3

4

5.....

Муаллимони мухггарам!

Хох,ишмандем, фикру мулох,изах,ои худро оид ба мазмуни китоби мазкур ба нишонии 734024, ш.Душанбе, кучаи Айнй, 45, Пажух,ишгох,и улуми педагогии Тоники стон ирсол намоед.

ISBN 978-99947-715-4-7

3

МУКАДДИМА

АДАБИЁТ ВА МАВЗУИ БА^СИ ОН

Адабиёт лафзи арабй буда, решай он адаб аст, ки ба маъ- нои дониш, маърифат, гуфтору кирдори нек ва хирад далолат мекунад. Адабиёт дар мафхуми васеи он ма^муи осори хаттию шифох,ии к,авме, халк,е, миллате буда, дар фах,миши махдуди он инъикоси бадеии х,аёт аст ва ин тарзи тасвири зиндагй ба воситаи образхр ба тасвир овардани х,аёт мебошад. Яъне ада­биёт дар фах,миши истилох,ии он як навъи санъат буда, ба во­ситаи образх,о тасвир намудани ^аёт, дунё аст ё ин ки адабиёт инъикоси образноки х,аёт буда, дар он х,арду пах^уи зиндагй- тарафхри мусбат ва пах/1ух,ои манфй ба воситаи образхр, тим- солх,о, намунахр тасвир карда мешавад. Ба ин восита зухури манфии чомеа мах,кум карда шуда, пах1лух|ои мусбати он тарги- бу ташвик, мегардад. Аз ин ру, адабиёт х,амчун навъи санъат барои рушду нумуи чамъият таъсири них,оят к,авй дорад ва ди- гаргунсозих,ои х,аёти ^амъиятй ба он вобаста аст. Умуман, ада­биёт инъикоси вок,еият ба воситаи образх,ост, ки тавассути ка- ломи манзум (назм) ва каломи мансур (наср) амалй мегардад.

Адабиёт китоби дарсии х,аёт аст. Э^одкори адабиётро адиб меноманд ва адиберо, ки бо каломи манзум-шеър сару кор до­рад, эчод мекунад, шоир ва адиберо, ки осори насрй меофа- рад, нависанда меноманд.

Х,адаф аз лафзи «адабиёт», пеш аз х,ама, адабиёти бадей буда, онро дар гузашта каломи бадеъ гуфтаанд. Каломи ба- деъ - сухани нав, ачоиб, нодир буда, дар мантик,и оддии ифо- да сухани образнок, тасвири образнок аст. Аз ин ру, адабиёти бадей ба инсон сару кор дорад, рузгору фаъолияти инсонро меомузад. Ба эх,сосоту тафаккури инсон таъсир мерасонад. Чах,онбинй, донишу хирад, маърифату тафаккури уро такмил медих,ад ва аз ин ч<эст, Ки адибро мух,андиси рух,ии инсон низ мегуянд.

4

Калимаи «адабиёт» мах,сули миёнахри асри XIX буда, таъри- хи зухури адабиёт х,амчун санъати сухан хеле к,адима аст. Аз ин ру, дар асрх,ои миёна иборах,ои улуми адабй, улуми адабия, фунуни адабия мавриди истифода к,арор гирифтаанд, ки аз 12 то 22 чузъи фунуни адабиро фаро мегиранд. Аз чумла: илми лугат, илми нах,в, илми сарф, илми баён, илми аруз, илми крфия, илми хат, илми иншо, илми маъонй ва гайра ба шумор мерафтааст.

Дар маркази адабиёти бадей симои инсон, шахе меистад. Яъне мавзуи бах,си адабиёти бадей х,амоно инсон ва чамъият, одамон ва вок,еияту мух,ити их,отакунандаи онх,ост. Камолоти маънавии инсон х,адафи адабиёти бадеист.

Адабиёт фанни инсоншиносй, санъати сухан ва воситаи тар- бияю такмили камолоти маънавии башарият аст. Адабиёт таъ- рихи халк,, андозаи чах,онбинй, тафаккури бадей, хазинаи зех,нй, тавоноии ак^онй ва бардоштхри мафкуравии инсоният аст ва аз сабаби он ки фанни миллист, пас бурду бохти х,амон милла- ту халк;ият низ х,аст.

Адабиёт дар заминаи эчодиёти шифох,ии халк, дар замонх,ои хеле кадим пайдо шудааст ва аз руи иттилооти олимон таърихи адабиёти точик 8 х,азор сол к,абл зух,ур кардааст. Дар адабиёти шифох,й бошад, унсурх,ои суханони образнокро дар асотир чус- таанд ва минтакэх,ои маданй ё гах,вораи тамаддунро дар Эрон, Мисру Чин, Хиндустону Рим донистаанд. Дар Мисри К,адим ахди Ромсиси II осори манзум тахмин карда мешавад, ки огози садаи XIVto м и л о д эчод шудааст. Ё худ «Иллиада» ва «Одиссея»-и Хомери Юнонй огози асри IX то милод ва «Ведо»-и х,индух,о дар асри XII то милод манзум шудаанд. «Авасто» (гуё аввалин шеъ- рро Бобои Одам гуфтааст) ва хусусан, готх,о кдцимтарин бахши он ба шумор меравад, ки аз зухури адабиёт ва фарх,ангу х,унар гувох,й медих,ад. Вале чунон ки ишора намудем, таърихи эчоди­ёти шифох,й (фолклор) боз х,ам к^димтар аст, зеро эчодиёти шифох,ии халк, то зухури хат ва алифбо пайдо шудаву ибтидо ё худ огози пайдоиши адабиёти касбй ба шумор меравад.

Дар асрх,ои миёна бошад мо х,ануз дар огози пайдоиши фе­одализм ташаккули адабиётро мушох,ида мекунем, ки ибтидои он ба эчодиёти Рудакй ва муосирони вай рост меояд, ки ба к,авле дар ин аср наздик ба 250 тан адибон зиндагй ва эчод кардаанд.

5

Давраи нави инкишофи адабиёти асрх,ои миёна ба замони эх,ёи маданй рост омадааст. Хусусан, чараёни маорифпарварй (нимаи II асри XIX) миёни нерух;ои адабй табаддулоти мафку- равиро тавлид намуд ва такони ичтимоие зухур кард, ки барои пешрафти чамъият заминаи хеле мусоид фарох,ам овард.

Тарзу усули тасвир дар адабиёт мох,ияти баланди зебоипа- растй дорад, зеро нафосатро х,ама дуст медорад ва аз ин ру, адабиёт тамоили пурра ба нафосат дорад. Масалан, чузъиёти табиат: санг, замин, кух,, дарахт, дарё, гиёх,, борон, абр, бод, ос- мон ва гайра мавзуи бах,си илмх,ои дигар низ х,аст. Адабиёт ран­гами ба тасвир гирифтани онх,о, пеш аз х,ама, ба онх,о зебой мебахшад, чунончи тасвири бах,ор дар як бах,орияи устод Рудакй:

Омад бахори хуррам бо рангу буи тиб,Бо сад х,азор нузх,ату ороиши ачиб.Шояд, ки марди пир бад-ин гах, шавад чавон,Гетй ба дил ёфт шабоб аз пайи машиб1.Чархи бузургвор яке лашкаре бикард,Лашкар-ш абри тираву боди сабо накиб2.Наффот3 барки равшану тундар-ш таблзан,Дидам х,азор хайлу надидам чунин му^иб4.Он абр бин, ки гиряд чун марди сугвор В-он раъд бин, ки нолад чун ошики каиб5. Хуршедро зи абр дамад руй гох;-гох;,Чун он хисорие, ки гузар дорад аз ракиб.Якчанд рузгор чахон дардманд буд,Бех шуд, ки ёфт буи суман бодро табиб.Борони мушкбуй биборид нав ба нав В-аз абр баркашид яке хуллаи к,асиб6.Кунче, ки барф пеш хамедошт, гул гирифт,Хар чуяке, ки хушк хамебуд, шуд ратиб7.Тундар миёни дашт хаме бод бардамад,Барк аз миёни абр хаме баркашад цазиб8.Лола миёни кишт бихандад хаме зи дур,Чун панчаи арус ба хино шуда хазиб9.

1 2 3 4Машиб - пирй, 1̂ х,ансолй, Нак^б - пешво, Наффот - оташбоз, партавафруз, Му-

х,иб - бо^айбат, Каиб - гамгин,6 >^уллаи к,асиб - либоси абрешимин, 7 Ратиб - тар,намнок, 8 Казиб - шох, шоха, 9Хазиб-рангин.

6

Булбул х,аме бихонад дар шохсори бед,Сор аз дарахти сарв мар уро шуда мучиб10.Сулсул ба сарвбун-бар бо нагмаи кухан,Булбул ба шохи гул-бар бо лахнаки гариб.Акнун хуред бодаву акнун зиед шод,К-акнун барад насиб хабиб аз бари хабиб.Сокй, гузин бодаву май хур ба бонги Зер11,К-аз кишт сор ноладу аз 6of андалеб.Харчанд навбах,ор чах,он ас(т) ба чашм хуб, Дидори хоча хубтар-он мехтари хасиб12.Шеби ту бо фарозу фарози ту бо нишеб,Фарзанди одамй ба ту андар ба шебу теб13.Дидй ту режу14 ком бад-у андарун басе,Бо ридакони15 мутриб будй ба фарру зеб.

Дар ин бахррия х,ама чиз зебост ва адабиёт, пеш аз х,ама, ба онх,о чунин нафосатро эхдо намудааст. Бах,ор бо чандин х,азор воситахри зебу зинат х,амрох, меояд ва аввалиндарачаи он мух,ассанот рангу буи ачоиб аст. Ин аст, ки ба^ор марди пирро шояд чавон гардонад, вале табиати сармозадаро алла- кай бедор намуда чавонию чамол бахшидааст. Зеро борон- мушкбуй, абр-х,уллаваш, руи замин (дашту даман)-гулпуш, киштзоронро лола мисли панчахри х,инобастаи арусон наму- даву паррандагон нагмасароих,о доранд. Мак,сади шоир хуш- гузаронии умри азиз, ру овардан ба шодию нишот ва бахра- бардорй аз х,аёт аст.

Адабиёт на танх,о табиат ва ачзои онро х,усну тароват, на- фосату зебой мебахшад, беш аз он адабиёт ба инсон аз ни- гох,и зох,иру ботин, шаклу намуд ва них,оду сират низ неру ме- дих,ад. Башарият х,ангоми ба забон гирифтан ё хондани номхри Рустам-тах,амтани мук^адир, халк,парвар, ватандуст, озодихох,, адолатчуро тасаввур мекунад. Ё ки баробари ба ёд овардани Лайлй, Ширин, Мачнун, Юсуф иффату исмат, покиву сафо ба хотир мерасад. Баръакс, х,ангоми шунидани Захдок, Шируя, Хусрав, Афросиёб, Кайковус симои манфури худписандй, та- каббур, пасттинатй, кутох,назарй, бехирадй, гумрох,й, худхох,й,

10 Мучиб - чавобдих,анда,11 Зер - пардае аз мусик^,12 )^асиб - сох;иби фазилат, 13Шебу теб - саргашта, ошуфта,14 Реж - мурод, мацсад,15 Ридакон - гуломбачах,о.

7

хиёнату бевафой, зиёну бадкирдорй, золимию кртилй ва гайра ба ёди кас меояд, ки он аз таъсири кувваи сухан, неруи кало­ми бадеъ - адабиёт аст.

Албатта, дар ин миён симох,ои машхур мисли Рустам, Сухроб, Сиёвуш низ галатх,о кардаанд, вале инсоният аз галат- х,ои онх,о низ сабак,и х,аётй мегирад. Аз ин ру, х,атто образх,ои манфй низ ба инсонх,о таъсири мусбат мерасонанд, зеро ода- мон аз кирдори зишти онх,о низ тачриба х,осил намуда, дар х,аёт аз хислатх,ои разила х,азар мекунанд, дурй мечуянд, то ки ба рафтору кирдори зишт ру ба ру нашаванд. Аз ин ру, эчодкоро- ни адабиётро вобаста ба донишу махррат, истеъдоду хунар, чах,онбинию пояи эчодиашон башарият ^адршиносй менамо- яд. Ин аст, ки дар таърихи эчоди бадеъ унвонхри ифтихории «маликушшуаро», «амирушшуаро», «надимушшуаро», «ода- мушшуаро», «халлокулмаонй», «аф сахулмутакаллимин», «абулахпок;», «абулмаонй», «лисонулгайб», «маликулкалом», «султонулфузало» ва гайра ба миён омаданд ва суханварон вобаста ба пояи эчодиашон сазовор дониста шудаанд. Маса- лан, Рудакй «одамушшуаро», Камоли Исмоил (охири асри XII) «халлокулмаонй», Саъдй «абулахлок,», Хофиз «лисонулгайб», Бедил «абулмаонй» дониста шудаанд.

Адабиёти бадей, ки ба инсон сару кор дорад ва макради асо- сии он таргиби хислатхри х,амидаи инсон ва мах,кум намудани аъмоли разила буда, барои ба макрад расидани одамон дар чомеа кумак мерасонад. Адабиёти бадей ба инсон барои ра- сидан ба макрад ёрй менамояд ва одамонрЬ ба х,аёт, ба зин- дагй дилгарм, шердил, богайрат ва ухдабаро мегардонад. Ба- робари пешравию инкишофи инсон, мух,иту чамъият, адабиё­ти бадей низ дар заминаи крнунх,ои муайян инкишоф меёбад, пеш меравад ва к,онуниятх,ои ба худ хосу чудогона дорад. Илме, ки к,онуниятх,ои пайдоишу ташаккул, рушду тах,ввулоти адаби­ёти бадеиро меомузад, адабиётшиносй ном дорад, ки он дар навбати худ, дорой се к,исм аст: таърихи адабиёт, назарияи адабиёт, накди адабй мебошанд. Таърихи адабиёт-пайдоиш, ташаккул ва рушду тах,аввули адабиётро меомузад.

Крнуниятх,ои зухуру ташаккул ва инкишофи анвоъи адабй, принсипхри эчод ва бардоштх,ои жанрию чинсии адабиётро к,ис- мати назарияи адабиёт тадк,ик, мекунад. Оид ба хунари эчоди-

8

ву хусну кубх,и таълиф накди адабй сару кор дорад. Бахшхри мазкури адабиётшиносиро бе якдигар наметавон мукаммал донист, зеро онхр дар х,амбастагии якдигар инкишоф меёбанд.

Бахшхри мазкур к;исматхри асосии адабиётшиносй буда, онхр инчунин бахшхри ёрирасони дигар низ доранд, ки барои инкишофу пешрафти илми адабиётшиносй мусоидат менамо- янд. Масалан, ба к;исматхри ёвари адабиётшиносй: матнши- носй, сабкшиносй, сарчашмашиносй, китобшиносй ва гайра дохил мешаванд. Дар таърихи адабиёти точик х,атто доварихри шоирона таърихи накди адабй ё танк;идро мукаммал сохтааст. Шоирони форс-точик: Рудакй, Фирдавсй, Унсурй, Фаррухй, Манучехрй, Носири Хусрав, Саной, Аттор, Хокрнй, Низомй, Зах,ири Форёбй, Анварй, Хусрави Дех^авй, Хасани Дех^авй, Саъдй, Салмони Совачй, Хочуи Кирмонй, Цалолуддини Балхй, Убайди Зоконй, Хофизи Шерозй, Камоли Хучандй, Чом й> Хилолй, Мушфик,й, Калими Кошонй, Соиби Табрезй, Нозими Хиротй, Сайидо, Бедил, Возех,, Шох,ин ва дигарон, ки 14х,азори онхр сох,ибдевонанд, х,ар кадом сабки хоси худ, чою макон ва макрми хешро доранд. Онхр дар ашъори худ аз назокат, неруи ак^онй, хунари суханварию санъати сухани худ ёд карда, но- расоии х,амкасбони хешро низ ёдрас намудаанд. Масалан, Манучехрии Домхрнй (нимаи аввали асри XI) мегуяд:

Шеър ногуфтан бех, аз шеъре, ки бошад нодуруст, Бачча нозодан бех аз шашмох,а бифкандан чанин.

Хадафи шоир дар ин байт эчоди бадеъро фарзанди эчод- кор гуфтан буда, у шеърро фарзанди шоир медонад ва бояд х,аматарафа дар камолоти эчод сайъ намуд, то нукроне дар он рох, наёбад. Ё худ Хокрнии Шарвонй баъд аз Хаким Саноии Газнавй дуюмин шоир аст, ки дар ашъори худ бо олами улвй сару кор мегирад, зеро аз шоирон х,ампанчаи худро намеёбад. Чунончи, у мегуяд:

Сухан гуфтан ба кй хатм аст, медониву мепурсй, Фалакро бин, ки мегуяд: ба Хоцонй, ба Хоконй.

Яъне ба х,амин тарик,, шоирон бартарию афзалияти хунари худро васф намудаву нукрони ашъори х,ампешагонашонро хо- тиррасон кардаанд. Масалан, Унсурии Балхй - шоири нимаи ав­вали асри XI дарбори Газнавиён-аввалин маликушшуаро дар таъ-

9

рихи адабиёти форс-точик аст, вале Хокрни уро бо он сарзаниш мекунад, ки ба чуз газалу «эсидасарой хунари дигар надорад:

Чуз аз тарзи мадху тирози газал Накардй зи табъ имтихрн Унсурй.Шиносанд афозил, ки чун ман набуд Ба мадх,у газал дурфишон Унсурй.Зи д а* шева, к-он х,иляти шоирист,Ба як шева шуд достон Унсурй.На таздик гуфту на вазъу на зухд,Ки харфе надонист аз он Унсурй.Маро шеваи хосу тозасту дошт Х,амон шеваи бостон Унсурй.

Ин андешахри шоирон-эчодкорон барои пешрафти илми адабиётшиносй кумаки фаровон менамоянд, зеро дар таъри­хи адабиёти форс-точик он ба хукми анъана даромадааст.

Адабиёти бадей мачмуи донишу тафаккур, махррату истеъ- дод, табъу тавон, худшиносию чахрнбинии адиб аст. Чун адиб ба ин ва ё он халкр, миллате тааллук, дорад, пас адабиёт бурду бохти мафкуравии х,амон халк,, еимои х,амон миллат мебошад.

Адабиёти бадей х,амчун навъи санъат, яъне санъати суха- ну суханварй нисбат ба навъхри дигари санъат: меъморй, х,ай- калтарошй, мусик,й, театру кино ва гайра дар чамъият таъсири бештар дорад. Зеро яке аз сарчашмахри асосии навъхри дига­ри санъат низ адабиёти бадей аст. Муроду макрад ва х;адафи эчодкор аз адабиёт тарбияи омма, таълими мардум буда, ба ин маънй х,азрати Саъдй мегуяд:

Муроди мо наси^ат буду гуфтем,Х,аволат бо Худо кардему рафтем.

Адабиёти бадей х,иссиёту х,аячони инсонро ангезиш меди- х,ад, одамонро аз пастиву баландихр, шебу фарозхр, бурду бохтхр, чуну чарохр, бешу камихр, тазодхри х,аёту зиндагй, руйдодхри олам огох, месозад. Фирдавсй дар «Шох,нома»-и худ аз пайдоиши оламу одам, аз зухури нахустин шох,-Каюмарс то истилои араб, то охирин шох,и сулолаи Сосониён-Яздигурди III (соли 651 мелодй) сухан рондааст. Дар мантик,и оддитари ифодаи мазкур дар «Шох,нома»-и х,аким Фирдавсй мо саргу- зашти 50-шох,ро мебинем. «Шох,нома» моли адабиёт-шеър аст ва эчодкори он шоири х,акими Туей. Магар ахбори у аз ахбори

10

сарчашмахри таърихи бо тафсилу муътамад ва боарзиштару судмандтар нест?!, Аз ин ру, адабиёти бадей дар чомеа, пеш аз х,ама, нак;ши тарбиявй ва таълимй дорад. Дар баробари он, адабиёти бадей ба х,иссу таассуроти хонанда таъсир расони- да, ба хрдисахри мусбати х,аёт таваччух,и уро бедор месозад, уро бо х,аёту зиндагй дилгарм намуда, ба муборизахрву та- лошхри рузгор омода менамояд. Хонандаро нисбат ба арзиш- хри умумиинсонй: халкдустй, ватанпарварй, илмдустй, кас- бомузй, мех,натк,аринй, х,алолкорй, нафърасонй, софдилй, х,алимй, мехрубонй, хушмуомилагй, шердилй, гаюрй, субот- корй, далерй, шучоаткорй, шикастанафсй, дурандешй ва гайра мух,аббати беандоза бармеангезад. Адабиёти бадей дар си- рати инсон барои бедор намудани х,иссиёти зебой ва идеалхри х,аётии у яке аз мух,имтарин воситах,ои барангезиш аст.

Тамоми ёдгорих,ои хаттии адабиёти бадей, ки дар шакли наз- му наср эчод гардидаву мах,фуз мондаанд, мероси адабй ном доранд. Мероси адабиро гановати маънавй, хазинаи зех,нй, бар- доштх,ои мафкуравй, х,офизаи таърихй, кути чон ва гизои рух, низ меноманд. Дар ин чода халк,и точик х,ампанча надорад, зеро танх,о шоирони сох,ибдевон дар таърихи адабиёти точик беш аз 14 х,азор буда, ашъори шоирони девонашон мах,фуз намон- даву осори мансури таълифгардида ба он дохил намешаванд. Ин осор ба к,авле таърихи х,аштх,азорсола дошта, то кунун аз он кохи бегазанди ниёгон 108 матни хаттии (аз ёдгорихри ахди бостон) то инкишофи ислом бок,й мондааст, ки аз онх,о 16-то- яшро андарзномахр фарох,ам овардаанд.

Бояд гуфт, ки ин осор то охири асри XV-то зух,ури давлатх,ои Сафавихр (дар Эрон) ва Шайбонихр (дар Мовароуннахру Ху- росон) миёни форсизабонони к;аламрави мазкур муштарак аст ва аз ин ру, дар илми адабиётшиносй истилох,и форс-точик Кабул гардидааст, ки мафхуми зикршуда мох,ияти муштарак будани осори адабиро ифода менамояд.

Дар таълифи ин китоб имлои исмхри хос, хусусан ному на- саби адибон тачдиди назар карда шуд. Яъне, ба чои Абу-Аб- дуллох,-Абуабдуллох,, Насриддини Тусй-Насируддини Туей, Абдурах,мон-Абдуррах,мон, Чалолиддин-Чалолуддин, Шервон- Шарвон, Хачвирй-Х,учвирй, Хисрав-Хусрав ва гайра навишта шудаанд.

11

А Д А Б И Ё Т И Т О Н И К Д А Р Н И М А И Д У Ю М И А С Р И XVI ВА А С Р И XVII

ВАЗЪИЯТИ СИЁСИИ ОСИЁИ МИЁНА ВА ЭРОН ДАР НИМАИ ДУЮ МИ АСРИ XVI

Дар таърихи халкдои Мовароуннахру Хуросон асри XVI ав- валин асрест, ки таназзули феодализм дар кдламрави мазкур шиддат мегирад. Заминахои ин таназзул нисбатан барвакттар огоз гардида буд. Зеро пас аз вафоти Темур (1336-1404) меросхо- рони у барои сох,иб шудан ба тахт cap бардошта, оромии мамла- катро халалдор мекарданд. Баъдтар империяи Темуриёнро тур- кхои бадиянишии бо сарварии Мухаммади Шайбонй бархдм доданд. Мухаммад Шайбонихон соли 1500 Самаркднди босто- ниро тасарруф намуд. Тули 5 сол, яъне то соли 1505 у тамоми каламрави Мовароуннахрро тахти иазорати худ гирифт. Ч,ангу низоъхои пайдарпай, тохту тозхои мунтазам, мансабхохиву чохталабихо каламрави Хуросону Мовароуннахрро басо харо- бу заъиф намуда буд. Хочдгии халк паст мерафт, зеро низоъхои каламрави, кашмакашихои дохилй низоми инкишофи чамъият- ро вайрон менамуд. Та б а ка хо и мехнатии ахолй бештар ва хама- чониба зарар медиданд.

Охирин намояндаи Темурихо - Султон Х,усайн Байкаро соли 1506 вафот намуд. Ду писари Султон Хусайн хангоми хамлаи Шайбонихон шахри Хдротро химоя карда натавонистанд. Дар натича, Шайбонихон соли 1507 Хуросонро низ забт намуд ва хокими Мовароуннахру Хуросон гардид.

Соли 1510 нооромии гушношуниди дигар рух дод. Шох Ис- моили Сафавй Х,иротро тасарруф намуда, то интихои садаи XVI низоъхои сиёсй ва мазхабй нихоят тезутунд боки менонанд.

Соли 1513 Исмоили Сафавй ба Мовароуннахр хамла меку­над, вале чандон муваффак намешавад. Танхо пас аз вафоти Шайбонихон то соли 1598 (наздик ба 90-сол) чонишинхои у дав- латдорй карда бошанд хам, комилан комёб нашуданд.

12

Хони бообру - хокими Бухоро - Убайдуллоххони Шайбонй бахри озодии Хуросон аз Сафавихо, шаш дафъа лашкар каши- да бошад хдм, бенатича анчомид. Танхо дар замони Абдуллох,- хон (1557-1598) ба у муяссар кардид, ки як андоза муттахидии хонхои узбекро таъмин кунад. Зеро хам Хуросон ва хам Хо- разм ба давлати хонй муттахид карда шуданд. Вале пас аз ва­фоти Абдуллоххон куввахои марказгурез аз нав cap бадоштанд ва хукумати Шайбонихо ба хамин восита аз арсаи таърих рафт.

Яке аз ходисахои нихоят дахшатбори аср низоъхои мазхабй ба шумор меравад. Дар каламрави Мовароуннахру Хуросон ба- робари зада даромадани Шох Исмоили Сафавй муборизахои те- зутунде миёни шиахо ва сунниён cap зад. Хаводиси мазкур аз он сабаб хам буд, ки Исмоили Сафавй худро вориси мазхабй шиа эълон намуда, бахри ривочи он дар байии мардум тавассути катлу горат ниятхои дигари худро низ амали мсиамуд. Дар асл хадафи ин сиёсатмадор васеъ намудани худуди давлат ва сарзамини худ аз хисоби мамолики ободон ва ба даст даровардани боигариву сарват буд. Ин низоъхои мазхабй амалан то охирхои асри XVI идома карда, боиси харобихои гушношуниди халкхои Моваро­уннахру Хуросон гардида буд. Хатто, ду тан суханварони машх- ури ин давра Мавлоно Бадриддин Хдлолй ва Камолуддини Биной курбони ана хамин гуна низоъхои мазхабй шудаанд. Аз тарафи дигар, яке аз сабабхои чудоии Мовароуннахру Эрон ана хамин мочарохои сиёсию мазхабй гардида буд.

ТАШКИЛИ ДАВЛАГИ ТЕМУРИЁНИ Х,ИНД

Темуриёни Хинд ва ё ин сулола дар сарчашмахо бо номи Бо- буриён низ ёд мешавад, аз ибтидои асри XVI то огози асри XIX дар Хиндустон хукмронй кардаанд. Аниктараш тули солхои 1526- 1858 сулолаи мазкур дар каламрави Хинд хукумат кардааст. Асос- гузори хукумати Темуриёни ХИНД намояндаи хамин сулола - За- хируддин Бобур мебошад. Онхоро инчунин мугулхои бузург низ меноманд. Ин сулола дар охирхои салтанати Аврангзеб парокан- да гардида бошад хам, амалан то истилои Англия (соли1857) ву- чуд дошт. Силсилаи мазкур аз Бобур (1526-1530) огоз гардида, Хумоюн (1530-1539; 1555-1556), Акбар (1556-1605), Ч^ахонгир (1605-1627), Шохичахон (1627-1658), Аврангзеб (1658-1707), Ба- ходуршох (1707-1712), Чахонгиршох (1712-1713), Фаррух Сияр

13

(1713-1719), М ухаммадшох (1719-1748), Ахмадшох (1748- 1754), Оламгири II (1754-1759), Шохолами II (1806-1837) идо- ма намудааст ва охирин намояндаи сулолаи мазкур Баходур- шохи II сол-хои 1839-1858 хукмронй кардааст.

АВЗОИ ФАРХАНГЙ ВА АДАБЙ

Х,авзах,о ё марказхои адабй. Одамон дар хама холат руи ниёз ба илм, фарханг ва адаб овардаанд. Дар асри XVI, сарфи назар аз нооромихои сиёсй, дар каламрави Осиёи Миёна, Эрон, Хин- дустон марказхои илмй, фархангй ва адабй фаъолият кардаанд, ки дар рушди чомеъаву фарханг накши мухим гузоштаанд. Дар Осиёи Миёна - Самарканд, Бухоро, Балх, Бадахшон; дар сарза- мини Эрон - Исфахону Машхад, Шероз, Табрез; дар мулки Хинд- Дехлй, Мултон, Лохур, Панчоб, Кашмир, Сархинд. Хар кадоме аз ин доирахои фархангию адабй дар пешрафти сохахои мазкур накши сазовор гузоштаанд. Масалан, дар Осиёи Миёна: Муш- фикй, Нисорй, Мутрибй, Шавкати Бухорой Самандархочаи Тир- мизй, Мулхами Бухорой, Фитрати Зардуз, Сайидо ва дигарон; дар Эрон: Соиби Табрезй, Калими Кошонй, Соммирзои Сафавй, Мирзо Мухаммадтохири Насрободй ва дигарон; дар Хиндустон: Файзии Даканй, Бедили Дехлавй ва гайра.

Бояд гуфт, ки авзои фархангу адабиёт дар нимаи аввали асри XVI нисбат ба нимаи дуюм хеле фарккунанда аст. Хамлаи Шох Исмоили Сафавй соли 1512 ба Хуросон, боиси парокандагии кув- вахои илмию адабй гардид. Бештар куввахои адабй ру ба Мова- роуннахр оварданд. Восифй дар «Бадоеъ-ул-вакоеъ» хабар ме- дихад, ки: «Дар он вакт (соли1512) кариб ианчсад кас аз вилояти Хуросон азимати мулки Мовароуннахр карданд».

Дар ин сарзамин илмхои таърих, фалсафа, риёзиёт, хандаса, забону адабиёт, мантик, мусикй хеле пеш рафтааст. Масалан, Мухаммадсолехи Карминагй дар илми мантик, Мавлоно Кавка- бии Бухорой дар нучуму мусикй, Исматуллохи Самаркандй дар сарфу нахв, Хоча Калони Самаркандй дар хакмату риёзиёт аз чумлаи саромадони асри худ буданд.

Илми мусикй яке аз дастовардхои халки точик дар асри XVI буда, дар се шахр: Хирот, Самарканд ва Бухоро хеле пеш рафта­аст. Дар ин бора Хофизи Таниш («Шарафномаи шохй»), Дарве- шалии Чангй («Тухфат-ус-сурур»), Саид Шарифи Самаркандй

14

(«Таърихи касира») аз симохои машхури аср: Бобочони Х,офиз, Дустмухаммади Удй, Мухаммадалии Ной, Ахмад и Х,офиз, Ибни Чангй ва дигарон ёд кардаанд.

Таърихнависй низ хеле пеш рафтаву асархои гаронарзише ба майдон омадаанд. Аз чумла «Равзат-ус-сафо»-и М ирхонд, «Хдбиб-ус-сияр»-и Хондамир, «Шайбонинома» ва «Футухоти хонй»-и Биной» «Мунтахаб-ут-таворих»-и Х,офизи Убахй, «Ша- рафномаи шохй» ё «Абдуллохнома»-и Х°физи Таниш ва гайра махсули хамин асранд.

ТАЗКИРА ВА ТАКЗИРАНАВИСОН

Асри XV ба болоравии шеър ва зиёд гардидани куввахои эчодй характернок аст. Дар ибтидои асри XV доираи адабии Хдрот кариб ки мукоисанашаванда мебошад. Баъдтар Бухоро хамчун маркази адабиёту куввахои адабй нуфуз пайдо намуд. Хатто хоки- ми вакт Амир Убайдуллохдон дар баробари сиёсатмадорй шоир хам буд. У бо тахаллуси «Убайдй», хатто ба забонхои точикй ва узбекй шеър хам мегуфт.

Яке аз комёбихои бузурги ин аср таълифи чанд тазкира ба шумор меравад, ки дар онхо хам маълумоти шархдхолии ади- бон, номгуи осор, хусусиятх,ои ашъор, тобишхои хунарию-эчодй ва макоми он адибон дар замони худ ва умуман дар таърихи ада­биёт бахсхо сурат мегирифтаанд.

Тазкира худ лафзи арабй буда, зикру ёдоварй кардан, ба хо- тир овардан мебошад. Дар истилох асарест, ки дар он шархи хол, намунах,ои осор, хусусиятхои эчодй, тобишхои хунарии эчодко- рон зикр карда мешавад. Аз ин ру, тазкира як навъи баёни афко- ри адабй-эстетикй низ хает. Аз ин хотир, тазкирах,о умумй ва ху- сусй мешаванд.

Тазкирахои умумй оид ба рузгору осори шуарои каблй ва му- осирони тазкиранавис маълумот медихднд.

Такзирахои хусусй зиндагинома ва осори адибони муосирро дар- бар мегиранд. Аз руи принсипи эчод низ тазкирахо гуногун меша­ванд: тазкирахои алифбой, таърихй, чугрофй, мазхабй ва гайра.

Дар асри XVI, махсусан тазкирахои «Нусхаи зебои Ч,ахонгир», «Тазкират-уш-шуаро»-и Саидмухаммад Мутрибии Самаркандй, ки махсули хамин асранд, арзиши фаровони адабй-илмй дошта барои омузиши адабиёти точик маълумоти зарурй медиханд.

15

«Нусхаи зебои Чдхонгир» эадо ба хокими Хиндустон - Шох, Чдхонгир буда, соли 1625 таълиф шудааст. Шоир ба кишвар- хои Балх, Файзобод, Кундуз, Кобул ва гайра сафар намуда, маводи зарурй гирдоварй кардааст. Тазкираи «Нусхаи зебои Чдхонгир» шархи холу намунахои ашъори 292 нафар шоирони охири асри XVI ва огози асри XVII-po фаро мегирад, ки онхо дар каламрави Мовароуннахру Хуросон, Эрон, Афгонистон ва Хиндустон зиндагй ва эчод кардаанд.

Бо хохиши Ч,ахонгир ба тазкираи мазкур зиндагинома ва на­мунахои ашъори 80 нафар адибон, ки Чдхонгир худ чамъоварй намуда буд, дохил карда шудааст.

«Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибй соли 1606 таълиф шуда, ба хокими вакт - Валимухаммадхони Аштархонй бахшида шудааст.

Мутрибй дар эчоди ин тазкираи худ аз «Мачолис-ун-нафоис»-и Навой ва «Музакир-ул-ахбоб»-и Нисорй бахра бардоштааст. Дар тазкираи мазкур оид ба 335 нафар адибон маълумот дода мешавад, ки онхо муосирони тазкиранигоранд. Аз он чумла, дар бораи 17 нафар хокимон, ки онхо ахди калам низ буданд, маълумот дода мешавад.

«Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибй барои омухтани хаёти адабй ва рузгори адибони нимаи дуюми асри XVI ва асри XVII аз бех- тарин сарчашмахои адабй аст. Зеро баъзе адибон танхо дар хамин тазкира, зикр шудаанд. Аз чумла: Фигорй, Нозимй, Орифй, Аф- залй, Зардакй, Дустй ва дигарон. Аз тарафи дигар, тазкираи Мутрибй барои муайян намудани казовати эчоди бадеъ, пешраф- ти афкори адабй - эстетикии асримиёнагй, дарёфти асолати хуна­рии эчодкорон ва гайра низ ахамияти вол о дорад.

Мутрибй худ Самаркандй буда, солхои таваллуду вафоташ номаълум аст. Аз тахаллуси у пайдост, ки дар чодаи мусикй, са- рояндагию навозандагй сохиби истеъдод будааст. У дар ибтидо огози тахсилро дар Самарканд шуруъ намуда, баъдтар ба Бухо­ро меравад. Дар ин маркази фархангй аз Хоча Хасани Нисорй илми шеъру шоирй меомузад. Намунахои ашъори Мутрибй дар «Тазкират-уш-шуаро»-и у чой дода шудааст, ки аз хунари балан­ду санъати волои шоирии Мутрибй гувохй медиханд. Аз ин ру, мероси махфузмондаи адибро «Тазкират-уш-шуаро», «Нусхаи зебои Чдхонгирй» ва ашъори мутафаррикаи лирики ташкил на- мудаанд.

16

Дигар аз тазкирахои ин аср «Музаккир-ул-ахбоб»-и Бахо- ваддин Хасан мутахаллис ба Нисорй мебошад. Нисорй тазки­раи худро соли 1566 таълиф намуда, онро ба хокими вакт - Ис- кандархони Шайбонй бахшидааст. Шумораи шоирон дар нус- хахои гуногуни тазкираи Нисорй мухталиф кайд гардида, аз 220, 275 то 450 нафар зикр шудаанд. Албатта, ин худ аз борхо тахриру такмил шудани тазкираи Нисорй шаходат медихад. Муаллиф тазкираи худро давоми тазкираи Мир Алишери Навой медонад. «Музаккир-ул-ахбоб» аз нигохи сохту таркиб низ ноли б аст: яъне он дорой мукаддима, чахор боб ва хотима мебошад.

Дар таърихи афкори адабй тазкираи Нисорй яке аз асархои басо арзишманд аст. Пеш аз хама, ин асар барои омухтани таъ­рихи адабиёти асри XVI сарчашмаи боэътимод ба шумор мера­вад. Хатто тавассути тазкираи мазкур бисёр адибони гумном ошкор мегарданд. Аз тарафи дигар, «Музаккир-ул-ахбоб» рузго- ру осори бисёр шуарои гузаштаву муосири Нисориро фаро меги- рад. Инчунин, адибоне, ки ба «Тазкират-уш-шуаро»-и Давлат- шох ва «Мачолис-ун-нафоис»-и Навой дохил нашудаанд, Нисорй онхоро дар асари худ чойгир намудааст.

Дигар аз хусусиятхои тазкираи Нисорй боз дар он аст, ки Хоча Хасан дар асари худ оид ба авзои фархангии аср ва тахаввули адабиёти давр хам маълумоти арзишманди илмй медихад.

Дигар аз тазкирахои мухим, ки таълифи он ба адабиёти иб- тидои асри XVII рост меояд, «Тазкираи Нозими Табрезй» буда, соли 1627 таълиф шудааст. Ин тазкира аз ду боб (чахор фасл) иборат мебошад. «Тазкираи Нозими Табрезй» оид ба рузгору осори адибони гузашта ва хам оид ба ахли калами замони худи муаллиф маълумот медихад. Сарфи назар аз баъзе норасоихо, тазкираи мазкур арзиши адабй - эстетикй дошта, оид ба баъзе лахзахои зиндагиномаи шуаро ва хусусияти ашъори онхо бахс карда мешавад.

Тазкираи дигар, ки соли 1601 таълиф шудааст, «Тазкират-ут- таворих»-и Абдуллохи Кобулй буда, дар он оид ба рузгору осори 197 адиби гузаштаву муосири худи тазкиранигор маълумот дода шудааст. Аз шумораи мазкури шуаро 145 нафари онхо адибони асрхои IX-XV буда, 52 тан адибони охири асри XV ва аввалхои асри XVI низ дар ин тазкира чой дода шудаанд, ки инхоро мета- вон хамасрони муаллифи тазкира номид.

17

Тазкираи Абдуллохи Кобулй аз он чихат хам мухдм аст, ки тавассути он хонанда дойр ба рузгору осори 35-нафар адиби асри XVI маълумоти тоза пайдо карда метавонад, ки дар таз­кирахои дигар зикр нашудаанд.

Бо в у чуди баъзе ахбори такрор, тазкираи Абдуллохи Кобулй дорой арзиши хеле волои адабй - эстетикй ва илмй мебошад.

Каме барвакттар аз тазкирахои дар боло номбаришуда, чанд тазкираи дигар низ руи кор омадааст, ки барои омухтани рузго­ру осори эчодкорони асримиёнагй маълумоти насбатан арзиш- манди илмй медиханд. Аз онхо яке асари Абунаср Соммирзои Сафавй аст, ки бо номи «Тухфаи Сомй» соли 1560 эчод шудааст. Ин тазкира низ давоми «Мачолис-ун-нафоис»-и Навой буда, аз мукаддима, хафт боб ва хотима иборат аст. «Тухфаи Сомй» пеш аз хама, аз он чихат мухим аст, ки дар ин асар шархи холу наму­нахои осори 713 тан куввахои адабй гирдоварй шудааст. Ин ади­бон дар охирхои асри XV ва ибтидои асри XVI зиндагй ва эчод кардаанд. Онхо мукимони каламрави Ироки ачам, Хуросону Мовароуннахр мебошанд.

Дар ин тазкира баёни рузгору ашъори беш аз 50 шоире, ки дар тазкираи Навой низ омадаанд, бо маълумоти нодиру такми- лу тасхех ва ташрех оварда шудаанд.

Тазкираи «Тухфаи Сомй» аз нигохи илмй низ хеле арзишманд мебошад, зеро дар он холати доирахои адабй, равобити эчодии хавзахои адабй, сабкати эчодй ва гайра хеле хуб баён шудааст.

Соммирзои Сафавй таълифкунандаи тазкираи «Тухфаи Сомй» соли 1517 дар Табрез ба дунё омадааст. Падари у шох Исмоили Сафавй аст, ки солхои 1502-1524 хукмронй кардааст. Сомирзо низ аз ин ру комилан илмхои замонро аз худ карда, чанд муддат хокими Хирот ва Озарбойчон хам будааст. Дар баробари сиёсат- мадорй, у эчодкор низ будаасту аз мероси адабиаш дар хачми 6 хазор байт газалу рубой, муфрадот ва гайра ба ёдгор аст. У сохи- би тазкираи «Тухфаи Сомй» мебошад, ки ин асари Сомирзо шухрати уро асосан таъмин намудааст.

Асари дигаре, ки дар нимаи аввали асри XVI, дакикан соли 1522 таълиф шудааст, «Тухфат-ул-хабиб»-и Фахрии Хиравй мебошад. Ин тазкира, пеш аз хама, бо он хусусияти худ фарк мекунад, ки дар он шоирони газалсаро ва асосан онхое, ки газалхои чавобия ба ашъори шоирони пешин гуфтаанд, гирдоварй гардидааст. Яъне

18

муосирони Фахрй шоирони охири асри XV ва аввали асри XVI, ки газалхои чавобия эчод кардаанд, дар тазкираи мазкур фаро- хам оварда шудаанд. «Тухфат-ул-хабиб»-и Фахрии Хиравй до- рои чахор мачлис буда, оид ба рузгору осори 254 тан шоирон маълумоти зарурй медихад ва аз ашъори онхо намунахо меорад.

Яке аз арзишмандтарин тазкирахое, ки дар огози садаи XVII таълиф шудааст, «Музаккир-ул-асхоб»-и Мухаммадбадеъ Ма- лехои Самаркандй мебошад. Ин тазкира солхои 1688-92 таълиф шуда, шомили ду бахш: асосй ва мулхакот аст. Дар кисми асосии он оид ба 165 тан шоирони асри XVII, ки муосирони Малехоянд, маълумот дода шудааст. Дар бахши мулхакот бошад, Малехо оид ба 37 нафар шоирони чавону навкалам, ки ба кисмати асосй до- хил нашудаанд, маълумот медихад.

Маълумоти Малехо оид ба зиндагиномаи шоирон нисбатан муътамад аст, зеро у бо хар як шоире, ки дар борааш иттилоъ медихад, вохурдааст. Аз тарафи дигар, ин тазкира тибки алифбо тартиб дода шудааст ва аз ин ру, дар он шоху гадо баробар аст. «Музаккир-ул-асхоб» аз ин чихат арзиши волои адабй дорад ва аз чихати дигар намунаи насри адабй - илмии садаи мазкур хам ба шумор меравад.

Ч,ихати фарккунандаи дигари тазкираи Малехо боз дар он аст, ки ба тарики намуна овардан аз ашъори шуаро у бо як ё ду байт иктифо накарда, то 60-70 байт зикр менамояд.

Умуман, тазкирахо аз як тараф, маълумотномаи шархихолии пурарзиш оид ба зиндагиномаи адибон бидиханд, аз тарафи ди­гар, оид ба хусну кубхи санъати сухан ва хунари эчоди эчодко- рон, макому мартабаи онхо бахс ба миён меорад, ки ин чанбахои илмй - адабии доштани тазкирахоро тасдик менамояд.

Аз ин ру, тазкирахо яке аз сарчашмахои муътамаду арзиш- манд барои омухтани таърихи адабиёт низ мебошанд.

АНВОЪИ ШЕЪР ДАР АДАБИЁТИ АСРХОИ XVI ВА XVII

Анвоъи шеър дар адабиёти асрхои мазкур асосан аз газал, каси- да, мусаммат, китъа, рубой, манзумаву достон иборат мебошад. Яке аз навъхои адабии маъмул ва машхури давраи мазкур, жан- ри нисбатан човидонаву устувор - газал ба шумор меравад.

19

Асри XVI аввалии асрест, ки таиаззули феодализм ofo3 шуд ва албатта, сохти феодализм барои нигохдории худ сахтчонихо мекард ва ин раводидхои сохт, пеш аз хама, дар адабиёт жанр- хои мувофик мечуст. Аз ин чост, ки охангхои сузу гудоз, изхори исёнхои калбй, садохои пуршури дилхо, ахёнан кушишхои эъти- розиву норизоихо аз ноадолативу берахмихо голибан муктазхои табиати газал аст. Ин бардоштхо мавзуи созгори газал буда, ба­рои рушди он заминаи мувофик омода месозад. Аз тарафи ди­гар, конунмандии инкишофи жанри газал, албатта, дар заминаи анъана руида, ба тахаввули он дар асрхои пешина беробита нест.

Газал дар таърихи адабиёт жанрест, ки асрхои махсуси ин­кишофи худро (асрхои XIII-XIV) дорад. Хатто дар адабиёт ибо- раи асрхои газалсарой кобили кабул гардидааст, ки шояд ифо- дагари талаботи замон ва табиати жанр бошад.

Бояд гуфт, ки дар инкишофи газали нимаи аввали асри XVI сахми шоирони газалсарой ахди мазкур - Абдуррахмони Муш- фикй, Хоча Хасани Нисорй, Бадрй ва дигаронро метавон таъкид намуд. Баъзе аз ин шоирон масалан, Абдуррахмони Мушфикй хатто ду девони газал дорад, ки то андозае конунияти тахаввули жанри мазкурро дар ин давра фаро мегирад.

Бо назардошти мавзуъ, мазмун ва мундаричаю мухтаво газа­ли асри XVI асосан анъанавй бошад хам, дар чузъиёт тобишхои фарккунанда дорад. Шояд сузу фирок, дарду дог, нокомиву но- барорй, ранчу азоб, шиканчаву чабр ва гайра дар газали асриXVI (хусусан дар нимаи аввал) хеле бехтар мушохида карда ша- вад. Ин холат хусусан дар симои махбуба ба назар мерасад, ки у бемехр, бадкахр, берахм, номехрубон, чафокор, золим, магрур, якрав, худписанд аст. Махбуба аз кардахои худ пушаймон наме- шавад ва бо вучуди ин хама, ошик пурсабру токат, бовафо, мех- рубон, гамхор, устувор, тобовар, чафокаш мебошад.

Масалан, хасрати ошик дар байта зерин аз газали Хилолй: Хохам, ки ба зери кадамат зор бимирам,Харчанд кунй зинда, дигар бор бимирам.

Ё худ дар чои дигар хамин шоир мегуяд:Дарди май ишк асту дармонаш ба гайр аз сабр нест,Чун кунам, к-аз дард мушкил гар бувад дармони ман.

Дар асосй газалиёти шуарои маъруфи асри XVI метавон ба на- тичае расид, ки дар унсурхои шаклии газали ин аср тозакорй му-

20

шохида нашавад хдм, дар мазмунсозй ва хунари шоирй тоза- чуихо дида мешавад. Устод С.Айнй газали Мушфикиро, ки бо матлаи:

Дар гамаш дилро фигору хаста мегуем мо,Ахли дардем, ин сухан дониста мегуем мо.

ofo3 мешавад, мисол оварда менависад: «Газале, ки cap то ба пояш мисли ин газал хуб, латиф, равон афтад, кам аст».

Дар газали ин аср ишк бо масъалахои дигари ичтимой сахт омезиш ёфтааст. Хрлати ошик басо ногувор ва токатфарсо аст, вале махбуба бепарвою берахмиро пеша кардааст.

Чунончи:Хуни дил мегиряму ашки чигархун мехурам,Пеш аз ин май мекашидам, ин замон хун мехурам. Х,амчу накши панчае савсан дамад аз хоки ман,Баски силии чафо аз дасти гардун мехурам.Вах, ки дар ахди чавонй пир гаштам, Мушфикй,Чун нагардам пир аз ин гамхо, ки акнун мехурам.

Хунари шоирони газалсарой садаи мазкур дар чилой сухан, рангорангии ифода, маънои баланд, чавлони андеша, коргирй аз санъатхои шеърй, мазмунсозй, хаёлбофй ва гайра аст, ки ин хамаро дар мачмуъ хунари эчод меноманд.

Касида Дигар аз навъхои маъмули адабии асри XVI касида ба шумор меравад, ки дар ин навъи шеър мо хунари суханва- рии шоиронро бештар пай мебарем. Мушфикй худ дар як каси- дааш мефармояд, ки у бо назардошти мамдух хунари эчодиро ба харч медихад:

Шеъри ман гар зиннате дорад зи юмни мадхи туст,Хона орояд, бале, хар кас ба кадри мехмон.

Дар ин аср аз навъхои касида бештар касидахои мадхй, хачвй, хасбихолй, шиквой, бахория ва гайра ба назар мерасад. К,асои- ди фалсафй, орифона дар ин аср манзур намегардад. Аммо ан- дешахои фалсафй ва орифона вучуд доранд.

Хусусияти дигари касоиди ин давра аз он иборат аст, ки каси­дахои мадхй комилан арзиши таърихй доранд, зеро амалу фаъ- олиятхои сиёсии мамдухон асос ё худ чанбаи ситоиши онхоро ташкил медиханд. Хонанда шахсияти мамдух ва шугли пайва- стагии у, таваччухи мадхшаванда нисбат ба ахли илму фазл, ахди захмату фукаро ва гайраро дониста мегирад.

21

Чунончи, матлаи як касидаи мадхии Мушфикй далели казо- вати мазкур аст:

Бихамдуллах, ки олам эмин аст, аз фитнаи даврон,Ба даври адли Абдуллоххон ибни Сикандархон.

Авзои таърихи дар чунин касидахо хеле хуб байн карда ме­шавад:

То кай нидои ходиса даври замон дихад,Кас нест дар чахон, ки карори чахон дихад.

ва гайра.Китъа яке аз навъхои куханбунёду кадима дар таърихи ада­

биёти точик аст. Ин навъи шеърест, ки бештар панду ардарз, мавъ- изату насихат, санахои таърихи, хаводису вокеоти мухими рузго- ри шахсиятхо, симохои сиёсй, илмй, фархангй ва адабиро фаро мегирад. Аз тарафи дигар, он хачву накухиш, мазаммату танкид ва муносибати адибро бо замон ва абнои он муайян менамояд. Аз ин ру, ин яке аз жанрхои ба хаёти чомеа хеле наздик низ хает.

Китъахои тамсилй, ки мохияти андарзй доранд, дар ин давра хеде зиёд ба мушохида мерасанд.

Чунончи, китъаи «Сурохй ва шамъ»-и Мушфикй бехтарин намунаи онхост:

Шабе бо сурохй хамегуфт шамъ Ки: Эй мояи махфилорои дуст.Туро бо чунин кадр пеши кадах Сучуде паёпай бигу аз чй руст?Сурохй ба у гуфт: Нашнидай,Тавозуъ зи гарданфарозон накуст.

Мусаммат. Аз навъхои хеле маъмули адабист, ки хануз дар асри X, дар ашъори устод Рудакй бандхои монанд ба мусамма- ти мураббаъ дучор мешавад. Ва дар асри XI комилтарин наму­нахои онро Манучехрии Домгонй эчод кардааст. Дар лирикаи асри XVI шеъри тасмит дар шакли мусаллас дучор мешавад, ки намунаи барчастаи онро Мушфикй эчод кардааст.

Чунончи, ду банди онро хамчун намуна зикр хохем намуд: Рузе, ки ба савдои ту афсона шудам,Бар шамъи таманнои ту парвона шудам,Афтод нигохе зи иноят ба манат,Аз хеш ба гамхои ту бегона шудам,Чашми ту дилам рабуду девона шудам,Аз хандаи пинхониву мункир шуданат.

22

Мусаммати Манучехрй дорой 14 банд аст, мавзуи марказии он ишк буда, чамоли махбуба бо кулли чузъиёт тавассути таш- бехшавандаву ташбехкунанда ба намоиш гузошта мешавад.

Шоир махбубаро тарчех медихад ва аз ин ру, ташбехкунан- даи мувофик; пайдо карда наметавонад. Шакли шеърии мазкур аз нигохи мазмуну мухтаво хамрй, ишкй, мавъизатй, васфй ва гайра мешавад.

Рубой. Рубой дар адабиёти асри XVI пас аз газалу касида аз маъмултарин анвои адабии гиной ба шумор меравад.

Аз ахбори сарчашмахо маълум мешавад, ки баъзе шоирони асри XVI асосан, рубоисаро будаанд. Масалан, хатто махз ба­рои ру овардан ба ин навъ Шайхи Рубой барин эчодкорон ла- каби худро аз навъи мазкур гирифта будаанд. Ба хамин тарик,, шоирони дар ин навъ устод мисли Вазехии Ахсекатй, Хаким Рукнои Кошй, Азизи Самаркандй ва дигарон асосан рубой са- роидаанд. Хатто дар нимаи аввали асри XVI таълифи рубоиёти шахрошуб басо ривоч кард, ки сарчашмахо то 160 рубоии шах- рошубро кайд кардаанд. Албатта, инкишофи рубой ба такозои мавзуии он вобастагй дорад, зеро он метавонад мавзуъхои ир- фонй, динй, фалсафй, ишкй, мавъизатй, шиквой, сиёсй, хачвй, хамрй, мадхй, васфй ва гайраро дарбар гирад.

Манзума ва достон. Манзума лафзи арабй буда, ба маънии назмшуда, ба назм даровардашуда гуфтан аст. Дар истилохи адабй шакли махсус, ки дорой хусусиятхои чудогонаи жанрй бошад, нест. Гохо достонхои лирикии хачман хеле хурдро ман­зума гуфтаанд.

Достон бошад дар эчоди бадеъ ба чанд маънй кор фармуда мешавад. Достон ба маънии машхур шудан, пахн гардидан, дастон яке аз лакабхои Рустам низ хает. Достон ба маънии макр, наёрангу фиреб низ меояд:

Бад-у гуфт: Марди шабистон наям,Мачуям, ки бо банду дастон наям.

Дар истилохи адабй достон асари калонхачми бадеии ман- зуму мансурро меноманд, ки дар он хаводиси мухиму барчаста тасвир гардида, сужети муайян дорад.

Баъд аз Инкилоби октябр дар адабиёти точик истилохоти ада­бии повеет, роман, баллада, поэма ворид шуда, мафхуми дос- тонро хеле махдуд намуд. Достон хамчун ифодагари поэмаи юнонй бокй монд. Махсусан, «Шохнома»-и Фирдавсй намунаи

23

комили достони асримиёнагии форс-точик аст. Хдводису воке- от, доираи фаъолияти кахрамонон, сужети пайваста ва мутта- сил инкишофёбанда тасвир ва нигошта мешаванд, ки ин хама боиси зухури образхои мукаммали бадей мегардад.

Ба хамин тарик, достон сужети мукаммалу муфассал ва туло- ниву пайвастаро талаб менамояд. Достон тули асрхои зиёд суф- таву анику дакик шудааст. Ин аст, ки достонхои ишкии роман­тики, лирикии эпикй, ахлокию фалсафй, суфиёнаву орифона, мочарочуёна ва гайра таълиф шудаанд. Дар достонхои кахра- монй наклу ривоят ва дар достонхои ишкии романтикй мукола- ма (диалог) мавкеи марказй дорад. Аз чумла, «Варка ва Гул- шох»-и Айюкй, «Вис ва Роман»-и Фахруддини Гургонй ва гайра намунахои чунин достонхоянд.

Намунахои барчастаи достонхои ахлокй дар асри X ба ву- чуд омада бошанд хам, дар асрхои XI-XIII машхуртарин дос­тонхои суфиёнаву орифона таълиф шудаанд, ки чун намуна аса­ри нахустини ирфонй «Хадикат-ул-хакикат»-и Саной (асри XI), «Мантик-ут-тайр»-и Аттор (асри XII), «Маснавй»-и Ч,алолуд- дини Балхй ва гайраро метавон зикр намуд.

Равняй дигари достонсароиро, ки аз «Вис ва Ромин»-и Фах­руддини Г ургонй огоз мешавад, Низомй таккони чидцие дод ва дойр ба баъзе асархои он аз он чумла, «Лайлй ва Мачнун» то 147 чавобия ба вучуд омад. Яке аз сабабхои машхур гардони- дани навъи мазкур дар адабиёти форс-точик он аст, ки достон дар ин адабиёт таърихи басо тулонй дошта, заминахои миллии он ба ёдгорихои адабиёти тоисломй, адабиёти пахлавй ва аз он пештар хам рафта мерасад. Намунаи барчастаи достонхои ахди пахлавй достони «Дарахти ассурик ва буз» мебошад.

Дар сурудани шаклхои гуногуни достон, асосан дар таърихи адабиёти асрхои миёна хидмати Фирдавсй, Рудакй, Саной, Но- сири Хусрав, Аттор, Ч,алолуддини Балхй, Низомй, Хусрав, Хочу, Саъдй, Ч,омй, Хилолй, Мушфикй, Шохин ва дигарон шоистаи тахсин аст.

Дар адабиёти асри XVI, ки аввалин асри инкирози сохти фе- одалй мебошад, дар адабиёт низ ин гардиши таърихй - сиёсй бетаъсир нест.

Агар мо танхо ба тахаввули навъи достон дар адабиёти са­даи мазкур назар андозем, мебинем, ки дар ин давра достон хеле пеш рафтааст.

24

Дар навъи эпикии адабиёти асри XVI бештар анъанахои дос- тонсароии Низомии Гаичавй (достонхои «Хамса»), Шамсудди- ни Мухаммад ибни Ахмади Табрезй, ки дар асри XVI достони «Мехр ва Муштарй» ё худ «Ишкнома» навиштааст, ё ин ки Чомй (дос-тонхои «Хафт авранг») бештар ба мушохида мерасанд. Дар асри XVI достонхои ишкии «Лайлй ва Мачнун» (Хилолй, Мавчй Косимхони Бадахшонй), «Юсуф ва Зулайхо» (Мавчй Косимхо- ни Бадахшонй, Амир Пулодхоча ибни Девонхочаи Бадрй), «Шоху Дарвеш» (Хилолй), «Гулзори ирам» (Мушфикй) руи кор омада- анд, ки хар кадом дар таърихи адабиёти давр макоми махсус доранд.

Инчунин, дар хамин давра чандин достонхои таърихй таълиф шудаанд. Аз чумлаи он достонхои таърихй «Зафарнома» (Амир Пулодхочаи Бадрй), «Ч,ахонннамо» (Мушфикй) мебошанд. Аз тарафи дигар, тахти таъсири осори ирфонй, инчунин «Хамса»- хои Низомию Хусрави Дехдавй, махсусан, шохасархои манзуму мансури ахлокии адабиёти точик, китобхои «Бустон»-у «Гулис- тон» (Саъдии Шерозй), асари адабй-ахлокй ва фалсафии «Сифот- ул-ошикин» (Хилолй) ба арсаи эчоди бадеъ омадаанд, ки хеле арзишманд ва мухим мебошанд.

Дар баробари достонхои ишкй, ахлокй, фалсафй, тасаввуфй ва гайра, инчунин, достонхои адабй - таърихй низ дар ин давра таълиф шудаанд, ки оид ба авзои сиёсй - таърихии замон, фаъо- лияти зимомдорони вакт, рухия ва ахволи халк, табакахои ичти- моии чамъият маводи фаровон медиханд. Аз ин нуктаи назар, ду достони таърихй дар асри XVI руи кор омадааст, ки чавобгуи казовати дар боло зикргардида мебошанд. Ин достонхо яке тах­ти унвони «Зафарнома» аз Амир Пулодхоча ибни Девонхочаи Бадрй ва дигаре «Ч,ахоннамо»-и Абдуррахмони Мушфикй мебо­шанд. Бояд гуфт, ки хар ду асар хам ба лашкаркашихои Абдул- лоххони Шайбонй бахшида шуда, хаводису вокеоти сиёсй - таъ­рихии нимаи дуюми асри XVI-po дарбар мегиранд. Хар ду асар хам дар шакли маснавй ва дар бахри Мутакориби мусаммани махзуф ё максур иншо шудаанд.

Аз суи дигар, то андозае ин достонхо суннати эчоди осори хамосиро низ тахким бахшидаанд.

25

САВОЛ ВА СУПбРИШХО

1. Сабабхри барх,амхурии империям Темуриёнро шарх, дихрд.2. Империяи Темуриёнро кадом сулола расман аз миён бурд?3. Сабаби ба зуди шикает хурдани хукумати Шайбонихон аз чй иборат буд?4. Омилхри тезутундшавии муносибатхри мазх,абии замони Сафавихр дар чист?5. Марказ ва х,авзахри адабии аерхри XVI ва XVII-po номбар кунед.6. Кадом адибони доирахри адабии Мовароуннахру Хуросон- ро медонед?7. Хусусиятхри х,аёти адабй ва фарх,ангй дар к,аламрави Эро­ну Х,инд аз чй иборат аст?8. Тазкира чй гуна асар аст?9. Кадом тазкирахр ва тазкиранигорони ин аерхрро медонед?10. Дойр ба «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибй маълумот дихрд.11. Арзиши илмй - адабии «Музаккир-ул-ах,боб»-и Нисориро баён кунед.12. Дойр ба тазкирахр ва тазкиранигорони ин даврахр маълу­мот дихрд.13. Дар адабиёти ин асрх,о кадом навъхри шеър маъмул буданд?14. Мух,имтарин хусусиятх,ои газали асри XVI-po шарх, дих,ед.15. Дар ин аерхр бештар кадом навъи касида инкишоф ёфтааст?16. Мук,аттаоти шоирони ин асрх,о бештар кадом мавзуъхрро дарбар мегиранд?17. Дар бораи мусаммат ва хусусиятхри жанрии он чй медонед?18. Мавк,еи рубой дар адабиёти аерхри XVI - XVII чй гуна аст?19. Дойр ба достонсароёни машхури аерхри XVI - XVII маълу­мот дих,ед.20. Тафовути достону манзумаро гуед.21. Кадом омилхр сабаби ривоч ёфтани достон ва достонса- рой гардидааст?

26

А Б Д У Р Р А Х М О Н И М У Ш Ф И К Й

Ба арзи х,ол уоцат,Мушфщй, нест,

Агар аврок,и девониман он цост.

Ш оир ва вокеанигори номии точик Абдуррахмони Мушфикй дар шахри Бухоро, такрибан соли 1525 таваллуд шудааст. Па- дару бобои шоир аслан аз Марв будаанд. Ин аст, ки Мушфикй баъзан ба Марвй будани худ ишорахо мекунад. Шоир дар шах­ри Самарканд ба Абдуллохон касидае навишта, аз мулки хеш- аз Бухоро дур афтодани худро хабар медихад.

«Гариби мулки хешам дар замени давлатат, шохо!»Мушфикй дар хурдсолй аввал аз падар ва сонитар аз модар

ятим мемонад. Дар ин бора баъзе ишорахои шархихолии у гувохй медиханд.

Чунончи:Бо падар хурсанд будам, бевафой кард умр,Мехр бар модар ниходам, ёфт модар хам вафот.

Мушфикй аз сабаби тангии маишй ба хидмати яке аз хунар- мандони шахри Бухоро дохил шуда, аз у бисёр дастгирихо меби- над. Бо дастгирии ин марди шариф тахсили ибтидоиро ба поён расонида, ба Мадраса дохил мешавад.

Мушфикй илмхои чории замонааш: хикмат, хайат, нучум, рам- лу хисоб, каломро хуб меомузад. Хусусан улуми адабй ва аз ин миён назмро бештар дуст медорад:

Шеър Оби хаёт аст, хуш он ном, ки монад Ч,овид зи оби сухани марди сухандон.

Давраи аввали сабзиш ва камолоти маънавии шоир дар шах­ри Бухоро сипарй мешавад. У шеъргуиро дар хамин шахр

27

шуруъ кардааст. Мактабхои адабии Бухоро Мушфикдро хам- чун шоири тавоно мепазиранд, вале хдсудони дарборй уро хеле фишор медиханд. Шоир дар чавонй голибан ашъори мутоибавй гуфтааст, зеро даврони ятимй ва бепарастории у ба эчоди чу­нин ашъор боис гардидааст.

Мушфикй соли 1564 ба Самарканд меояд, ки шояд сабаби са­фари шоир хамоно тангии маишй бошад. Шоир дар Самарканд ба вазифаи китобдори Султон Саид пазируфта мешавад ва дах сол дар ин шахр истикомат мекунад. У дар ситоиши Султон Саид чанд касида низ эчод кардааст ва девони якуми газалиёти худро низ ба ин хоким бахшидааст. Аз баъзе ишорахои шоир пайдост, ки рузгори у дар Самарканд низ чандон хуб набудааст:

Хони оликадри кайвонманзилат Султон Саид,Пеши даргохи ту гардуни муалло хеч нест.Арзи холи ман, ки хастам заррае беэътибор,Назди хуршеди замири оламоро хеч нест.Шуд се сол рос(т), к-аз чинси чаву гандум маро Дона чуз дар мазраи парвину чавзо хеч нест.Куръа афкандам барои фол, мурон саф заданд, Нуктахоро дона пиндоранду аммо хеч нест.

Хамин гуна ишорахои шикоятй дар ашъори Мушфикй хеле зиёд ба назар мерасад. Аксари ишорахои шоир мохияти ичти- мой дошта, хасрати адиб аз тангии маишй мебошад:

Шахо, ту мардуми чашми саводй оламро,Ба лутфу рахмати ту мардуме намеёбам. Шунидаам, ки Самарканд чаннати дунёст,Чй одамам, ки дар у гандуме намеёбам.

Баъзан чунин холат хам рух додааст, ки инъомхои хон хатто ба шоир ё кисман ва ё умуман намерасидаанд. Чунин муноси- бат Мушфикиро водор кардааст, ки бевосита у ба худи шох мурочиат намояд:

Подшохо, чакмани инъомро мехтар надод,Дар либоси назм бо у гуфтугу хохад шудан.Чун ба таври оштй чизе аз у хосил нашуд,Ч,анги чакман дар миёни мову у хохад шудан.

Дар баъзе мавридхо Мушфикй ба вазири хон-Осаф хам му­рочиат намуда ба ин восита шоху вазирро аз нобасомонихои дохили дарбор огох месозад, ки «об аз cap лой аст» ва бояд пеши чунин кирдорхои зишт гирифта шавад:

28

Осафо, шаб омадам суи високи худ савор,Аспи мискини маро аз фикр cap боло нашуд.Дар хаёли нав хама шаб дидаи у мепарид,Хостам бар чашми у кохе нихам, пайдо нашуд.

Албатта, чунин шиквахои Мушфикй охднги нолиби хазлу шухй низ гирифтаанд ва шояд яке аз сабабхои аз мадди назари амиру вазир дур афтодани талабхои шоир гардида бошад. Маса­лан, дар ин байт аз беманзилй чунин шикоят менамояд:

Дар Самарканд имтихон кардам, ки ёбам хонае,Бехтар аз байти тахаллус хонае пайдо нашуд.

Аз баъзе ишорахои шоир бармеояд, ки дар ибтидо рузгори шоир нисбатан бехтар буда, хатто мухити дарбор низ барояш созгор будааст. Мушфикй он хушхолихоро ба ёд оварда, дар як газали худ аз гузашти он рузхо афсус мехурад:

Хуни дил мегиряму ашки чигархун мехурам,Пеш аз ин май мекашидам, ин замон хун мехурам. Вах, ки дар ахди навонй пир гаштам, Мушфикй, Чун нагардам пир аз ин гамхо, ки акнун мехурам?!

Пас аз вафоти Султон Саид соли 980 (1573) бародари хурдии у Чдвонмардалй ба тахт мешинад, вале соли 1576 писарони Ч,авон- мардалихон аз падар ру гардонида ба Абдуллоххон забон як намуда буданд. Абдуллоххон худи хамон сол Ч,авонмардали- хонро катл намуда, баъди чанд муддат он ду писари Ч,авонмар- далихонро низ ба катл мерасонад. Нобасомонихо, албатта, ба Мушфикй сахт фишор меоранд ва у азми сафари Хиндустон мекунад, зеро дер боз чунин орзу дошт. Дар Мовароуннахр ово- за шуда буд, ки гуё шохи Хиндустон Акбаршох шеърпарасту шоирдуст аст. Мушфикй низ соли 1577 ба Хиндустон меравад. Уро Акбаршох хуш пазируфта бошад хам, пас аз як сол, соли 1578 шоир боз ба диёри худ меояд:

Кардам сафари Хинду пушаймон шудам он чо,Гардид бадал рузи сиёхам ба шаби тор.Дидам, ки агар боз наоям ба вилоят,Хуни чигарам мехурад ин Хинди чигархор.

Аз баъзе газалхои Мушфикй маълум мешавад, ки шоир аз са­фари Хинд пушаймон баргаштааст:

Сафар кардам фироки дилрабое пеши ман омад, Намерафтам, зарурат шуд, балое пеши ман омад.

29

FaMy дарди чудой кам шавад аз катъи манзилхо,Ба хар манзил гаму дарди чудое пеши ман омад.Ба гурбат мурдан осон менамуду зиндагй мушкил,Чй кори мушкиле, осоннамое пеши ман омад.

Мушфикй пас аз сафари Х,инд бар дарбори Абдуллоххон рох меёбад. Шоир дар як муддати кутох дар байни ахли дарбор ва бевосита пеши Абдуллоххон обрую эътибор пайдо мекунад. У дар як мудцати кутох ба мартабаи маликушшуарой мушарраф мешавад. Мушкилоти модии рузгори у низ бехтар мегардад. Мутаассифона, ин холат замоне даст медихад, ки умри шоир аз шаст гузашта буд. Ба ин маънй шоир чунин ишора мекунад:

Имтихон карданд пиру чавон,Хеч кори фалак ба сомон нест.Ком бахшад даме, ки ком намонд,Нон ба вакте дихад, ки дандон нест.

Поёни умри Абдуррахмони Мушфикй дар шахри Бухоро гу- заштааст. У соли 1588 дар хамин шахри бостонй аз ин олам чашм бастааст. Уро дар чавори мазори Шайх Ч,амол дафн кардаанд. Дар санги мазори шоир байте аз як газали худи у сабт шудааст:

Ба хоки Мушфикй он дам, ки дустон гузаранд,Расад ба хотири эшон, ки хоксоре буд.

МЕРОСИ АДАБИИ МУШФИКЙ

Шуд, Мушфикй, аз килкат ойини сухан тоза, Мушкиннафасон бинанд анфоси ту мушкинтар.

Аз Абдуррахмони Мушфикй то рузгори кунунй осори зерини адабй бокй мондааст:

1. Девони мутоибот.2. Ду девони газалиёт.3. Девони касоид.4. Се маснавй: «Сокинома», «Гулзори Ирам», «Чдхоннамо».Дар эчодиёти Абдуррахмони Мушфикй газал макоми аввалин-

дарача дорад. Ду девони газалиёти шоир аз чахор хазор байт ибо­рат аст. Мавзуъхои асосии газалиёти шоир асосан ишку исёнхои ботинии инсон, садои калбхои лабрези мухаббат, сузи ошику бе- мехрии махбуба, ниёзи ошику бениёзии маъшука, маю бодагусорй, мусикиву навохохй, тасвири бахору ситоиши табиат ва гайра аст. Ин мавзуъхо бо ангезахои дигари ичтимой: ноадолатихову зо-

30

лимй, бемехрию сустпаймонй, хавобаландиву кибр, фиребу да- сисакорй, мунофикиву авомфиребй ва гайра хеле кавианд.

Шоир дар суннати газалсарой голибан ба Хдсани Дехлавй ва Камоли Хучандй пайравй мекунад:

Назми ту, Мушфикй, ба Камоли Хасан расид,Ту гуфтай, ки пайравй пири Хучандиям.

Аз ин чост, ки голибан хачми газалхои Мушфикй 6-7-байтй буда, мавзуъхои ишкй чои аввалиндарача доранд.

Чунончи:Дар гамат дилро фигору хаста мегуем мо,Ахли дардем, ин сухан дониста мегуем мо.Бар дили мо он чи аз токи ду абруят гузашт,Бо худ аз девонагй пайваста мегуем мо.Меравй тунду дуогуён зи дунболи туанд,Вах, ки меранчй агар, охиста мегуем мо.Гуфтам, ай гул, он дахонро пистаи хандон бигу,Ин сухан гуфт аз дахони писта мегуем мо.Риштаи чони ракибон бар сари кокул мабанд,Фитнае хохад шудан сарбаста мегуем мо.Хар касе пурсад зи ашки мо чавоби ин сухан,Чехра аз хуноби хасрат шуста мегуем мо.Мушфикй, хар кас чй донад мастиву ворастагй,Бо гирифторони аз худ раста мегуем мо.

Бехуда нест, ки устод С.Айнй газали болоро «Еазале, ки cap то ба пояш мисли ин газал хуб, латиф, равон афтад, кам аст»- мегуяд.

Бешубха, чунин газалхои шоир хеле хунармандона, дилкаш, хушадо, макбулу матлуб эчод шудаанд. Хусусан, вобаста ба мавзуъ, мазмуну мухтавои газал хунари шоир комилан чавобгу буда, тас- виргарй ва маъниофариву мазмунсозй барчастааст. Дар иртибот бо ин чанбаъ хусусиятхои шаклии газал низ чолиб мебошад.

Газал мураддаф буда, радифи он мураккаб аст ва аз ду кали­ма фарохам омадаву пас аз кофия чой гирифтааст. Крфияхои газал калимахои хаста, дониста, пайваста, охиста, писта, сарбас­та, шуста, роста мебошанд. Крфияхои мазкур асосан мукайяд буда, тахкими гоявии газалро таъмин намудаанд.

Газал дар бахри Рамали мусаммани махзуф иншо шуда, афоъ- или он чунин шакл дорад:

- V — / - V — / - V — / - V -яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун фоъилун.

Газал ишкй бошад хдм, хачру фирок, сузу гудоз, нозу истиг- но, берахмиву бемехрии махбуба ба тасвир омадааст. Аз ин ру, охангхои ичтимой пайдо намудани он бесабаб нест. Зеро шоир барои таъсирнокии сухан ва дилнишинии баён, холати образхои лирикиро хеле нозук муоина мекунад. У чунин назокати хунари эчодро дар офариниши газал аз Хдсани Дехлавй ва Камоли Ху­чандй бештар омухтааст.

Мушфикй ишкй инсонй, мухаббати заминиро хамчун як во­ситаи хеле халкунандаи хаёти инсонхо, сарнавиштсоз ба тас­вир мегирад. Аз ин ру, ишкй инсонй низ бояд поку покиза ва беолоишу мусаффо бошад. Вале ин чанбаъ дар тасвири Муш­фикй мохияти илхомбахшй хам дорад ва аз ин ру, мушаххас карда мешавад. Барои шоир он лоларуёни Самарканд аст:

Мушфикй, бе лоларуёни Самарканд ин кадар Сухтам, к-аз догхо шуд синаам накши чахон.

Дар газалиёти Мушфикй чузъиёти образхои лирикй хеле ухда- бароёна васф карда мешавад. Шоир ба воситаи тавсифхои «хус- ни хати голиябу», «бандаи ру», «хаваси хар сари му», «хоки сари ку» ва гайра ба махбуба сидкан изхори мухаббат меку­над. Дар ишкй махбуба садокати асили худро баён менамояд. Зикри чузъиёти васфшаванда сузу гудози ошикро чонгудозта- ру синасузтар чилва медихад.

Чунончи:Волаи хусни хати голиябуи ту шавам,Вах, чй зебо шудай, бандаи руи ту шавам.Гар шавад хар нафасе дар тани ман чони дигар,Хар нафас чон дихаму зинда ба буи ту шавам.Ман на он ошикам имруз, ки чун булхавасон Талабам коми дилу ранча зи хуи ту шавам.Сари муе шудаам аз гаму дорам хавасе,Ки фидои хаваси хар сари муи ту шавам.Зиндаву мурда бар инам, ки ба чое наравам,Дар кадам бошаму хоки сари кун ту шавам.Сад накуй зи рухат дидаму як чон додам,Чй ачаб, гар хичил аз руи накуй ту шавам.Мушфикй аз хама су руи ту дорад гаму дард,Шавкро рахгузаре нест, ки суи ту шавам.

32

Дар лирикам ишкии Мушфикй мавзуъхои пурракунандаи ишку ошикй: май, бодапаймой, садои мусикй, навозандагй, ба- хор, насими субх,гох,й, садои булбулону хдзордастон, резиши бо­рони найсону садои чуйчахо, накхати гулзорхову бахмалосо гардидани намуди зохирии замин ва гайра мебошанд:

Рухат имшаб, ки хамчун гул зи тоби май арак карда,Ачаб дорам, ки мох аз хола худро дар табак карда.

Ё ин ки:Бахор шуд, кадах он бех, ки ранги лола намояд, Бунафша дар назар ояд сари гизола намояд.Зи доги лола расад дар чаман ба хотири мастон, V Саводи наргиси соки чу дар пиёла намояд...

Ру овардани шоир ба маю бода, мусикиву суруд рамзи хуш- гузаронии умр, ганимат донистани лахзахои зиндагй, бахрабар- дорй аз хаёт, бархамзании нобасомонихои рузгор, печидагихои хаёт, канорачуй аз гаму дарди замона мебошад. Бо назардош- ти хамин чанбаъ шоир таъкид менамояд, ки:

Г ар нишоти умр хохй, бе май гулгун мабош,Х,амчу даври гул ганимат дор ин айёмро.

Вобаста ба рузгори нисбатан кашшоконаи Мушфикй, хатто лирикаи ишкии шоир саршор аз мазуъхои дигари ичтимоист. Охангхои ичтимой, хусусан дар газалхои Мушфикй хеле ба- ландсадо буда, хатто баъзан газалхои алохидаро фаро гириф- таанд. Дар баъзе газалхои ичтимоии шоир хам радиф (агар му- раккаб бошад, боз бештар) ва хам кофия бори гоявй мекашанд. Ин холат саргузашти кахрамони лирикиро боз хам возехтару равшантар ва ошкоротар чилвагар месозад:

Хар шабе аз охи дил кошонаро оташ занам,Шамъро сузам, дили парвонаро оташ занам.То ба рагми ман насозад хонаи ишрат ракиб,Пеш аз мурдан ба куят хонаро оташ занам.Бо хама раъной аз охи дилам андеша кун,Хирмане сузад, агар як донаро оташ занам.Ин хама оташ ба чони ман зи дасти дил фитод,Г ар ба даст афтад, дили девонаро оташ занам.Ч,ои хар оташ дар ин вайрона доги хасрат аст,Чои он дорад, ки ин вайронаро оташ занам. Мушфикй, дар дафтари айём мазмуни фаност,Окибат авроки ин афсонаро оташ занам.

33

Бешубха газали боло яке аз газалхои шоир аст, ки мазмуни басе баланди ичтимой дорад. Дар эчоди чунин шеьрхо Муш­фикй хеле кавипанча мебошад, зеро холати мазкур дар иртибот бо авзои гаърихии замони у шояд пеш омада бошад. У мегуяд:

Х,аргиз нафасе шод надидам дили худро,Аз банди гам озод надидам дили худро.То гам нахурад кас, нашавад манзиле обод,FaM хурдаму обод надидам дили худро.

ва гайра. Бо вучуди он Мушфикй комилан навмед нест. У дар ин чода шоири некбин аст:

Замона, Мушфикй, мехтарсарой аст,Бувад рузе, к-аз ин мехнат бароем.

Охангхои ичтимой дар навъхои дигари лирикии шоир низ хеле хуб ба мушохида мерасад. Ба ин маънй Мушфикй дар ин рубой мегуяд:

Султон сухан аз сипоху зар мегуяд,Точир сухан аз суду сафар мегуяд.Дар хар сухане шеваи мо тадбир асг,Такдир, вале харфи дигар мегуяд.

Дар ин рубой масьалаи казову кадар баён шудааст. Адиб се тоифаро зикр намуда гуфтан мехохад, ки андешаи инсон вобаста ба кору пешаи уст. Аз тарафи дигар. инсон дар кадом чой ва ка­дом иешае, ки фаъолият кунад, хатман суду зиёнро пеши назар меорад. Максади у ба даст даровардани фонда мебошад. Аз ин чост, ки новобасга ба касбу кор максад, хавасу орзу пайваста дар сари инсон хает. Диле бе хавасу cape бе орзу нест. Масалан, султон пайваста меандешад, ки тавассути зурй, кувва, яъне сипох, суду фоида, яъне зар аз кучо ба даст биёрад. Ё ин ки точир, бо- заргон, ахли савдо хдмеша саъй дорад, ки ба кучо сафар кунад ва аз кучо ба кучо чй биёраду бубарад. Вале ин хама аз доираи сарнавишт берун нест. Яъне ин хама марбут ба такдир аст.

Мушфикй дар баробари мадхй султонхо, ситоиши шохону ами- рон, онхоро танкиду сарзаниш хам мекунад. У дар ин рубой мегуяд:

Султон, ки зи чох ру ба дарвеш накард,Сад хона кам аз симу зари хеш накард.Бо он ки замину осмон мулки Худост,Як хона барои худ бино беш накард.

Хдцаф дар ин рубой низ казову кадар аст. Ба шох баландии мартаба имкон намедихад, ки хамнишини дарвеш бошад. Инчу-

34

нин шохон сохиби зару сими давлатанд, яъне хазинадоранд, вале аз як хона зиёд барояшон зарурат надорад. Ин чо мисраи дубай- тии халкй, ки «На июх;аншох; бурда як кафан беш» ба ёд меояд, ки ба рубоии зикршудаи Мушфикй хаммазмун мебошад.

Умуман дар лирикаи Мушфикй аз нигохи мазмуну мухтаво ва мавзуъ газалиёту рубоихои у хеле ва хеле наздиканд. Зеро ишку ошикй, хачру виеол, сузу фирок, вафову бевафой, садокату носо- дикй, сабуриву носабурй, хассосиву бехисй ва гайра дар газа­лиёту рубоихо хеле маълум буда, шоир ин навъхои адабиётро хеле ба зиндагии мардум наздик намудааст. Ё худ бо рамзу кинояхои андаке иктифо мекунад. Масалан, хадаф аз май ва мастй ба андешаи шоир. фориг будан аз гами замон, ганимат донистани оддитарин лахзахои рузгору зиндагй ва гайра аст:

Fapa3 аз бода хурдан Мушфикиро гайр аз ин набвад,Ки месозад даме фориг аз ин дайри гамободаш.

Мушфикй ба таълифи касида хануз хеле барвакт огоз карда­аст ва дар эчодиёти шоир пас аз газал касоиди у меистад. Девони касидахои Мушфикй аз 3000 байт иборат аст. У дар шакл ва маз­муну мавзуи касидахо асосан аз касоиди анъанавй берун нараф- тааст. Вале дар шеърияти эчод, мазмунсозию маъниофарй, хуна­ри шоирй, коргирй аз санъатхои бадей ва гайра хеле ва хеле шо- ири навовар ва эчодкори тозакор аст. У голибан дар касоиди мадхй кавипанча буда, дар мадхй Султон Саид ва амир Абдул­лоххон ва дигарон касидахо эчод кардааст.

Мавзуи касидахои Мушфикй ба гайр аз мадху сано, инчунин пеш аз хама аз хамду наъти Худо, Мухаммад (с) ва ёрони у, си- мохои муътабари дин. майлхои суфиёна, тасвири манзарах,ои диёр, фаслхои сол, ишку мухаббат. саргузашти худи эчодкор, хасби холу шиква аз замон, танкиди ноадолатихо ва гайра мебошанд.

Мушфикй яке аз сабабхои асосии ру ба дарбор овардани худ­ро дар осудагиву оромии дарбор медонад ва аз ин ру мегуяд:

Ба ин даргохи олй Мушфикй бахри дуо омад,Панох овард аз наври замону фитнаи даврон.

У Султон Саидро «шохи иклими каромат», «сохиби фазлу карам» меномад ва ин хокимро басо ситоиш мекунад:

Адли у то хори зулм аз пои мискинон кашид,Нест сахрое, ки бошад бе суруди хоркан.Кас ба ахди у наафтодаст дар чохи бало,Ч,уз дили ошик, вале он низ дар чохи закан.

35

Мушфикй дар санои Абдуллоххони Шайбонй хам хеле сидкй камар бастааст ва уро арбоби давлат дониста, асосй муваффаки- яти эчодиёти худро аз шарофати давлатдории хамин хоким ме- хисобад:

Шеъри ман гар зиннате дорад, зи юмни мадхй туст,Хона орояд, бале, хар кас ба кадри мехмон.

Мушфикй мамдухи худ-шохро баъзан ба шохони нешин шабех дониста, хатто гохо афзал мехисобад.

Чунончи, мегуяд:Хусраво, ахди сухан тоза шуд аз давлати ту,Натавон ахде аз ин нодиратар пайдо кард.Наи хушки калам аз файзи бахори карамат Барги эъчоз бароварду самар пайдо кард,

ва гайра. Хусусан мавзуъхои танкидй ва тасаввуфию панду на- сихатии Мушфикй хеле чолиб ва чаззобанд.

Шоир сарвазир Осафро беибо дев меномад, ки чунин чуръат кам андар кам аст. Агар дев рохбар бошад, пас чй гуна низом баркарор хохад гашт?

Чунончи, мегуяд:Осаф, ки дев бошаду девон ба хукми у,Назми умури мулки Сулаймон чй сон дихад?У масти чоми мансабу хар дам ба пеши у Согар дахон кушояду шиша забои дихад.

Дар бештари ашъори лирикии Мушфикй. хусусан дар газа- лиёгаш охднгхои шиквой, танкидй ва эътирозй хеле баланд садо додаанд. Зеро шоир аз тангии маишй, аз рузгори нобасомон, аз хаёти вазнин басо бо сузу гудоз ва бо хасрат сухан мегуяд. Ал­батта, кахрамони лирикии у хангоми тасвир махдуд нест ва аз ин чихат, шояд шоир умуман ахволи ахли каламро дар назар дошта бошад. Ба хар хол, пеш аз хама шахсияги шоир бояд фахмида шавад. У чое тамоман ноилоч мондани худро таъкид кардааст;

Дармони дил кучост, ки бахри даво равам,Бечораам, илоч надорам кучо равам?

Ё ин ки:Рун муроде харгиз надидам,Аз номуродй умрам cap омад.

Ин аст, ки шоир барои тасаллй ёфтан ва таскин додани дили худ ба сузи дилу ашки чашм (гиряи чигарсуз) дар ин дунёи бе- вафо созиш кардан мехохад. Аз ин чост, ки танкидй руирости

36

шохону амирон ва вазирону хокимон дар эчодиёти у хеле кам аст. Яъне у созиш кардааст. Аз тарафи дигар, шояд аз хамин чихат бошад, ки шоир бештар ба хазлу шухй ва ашъори мутои- бавй ру меорад. Албатта, ин мазуъ низ як навъ эътирози сахт, як шакли танкидй зимомдорони замона мебошад:

Ба ашку оташи дил сохтем аз олами фонй,Хаёли сим кам дорему савдои заре камтар.

Дигар аз масъалахои бисёр чиддй дар лирикаи Мушфикй тас­вири табиат, манзарахои диёр, гулу гиёх, абру борон, офтобу гар- мо, насиму боди бахорон, накхати бахориву махмалиипушша- вии дашту даман, назаррабоии куху хомун, хаёлангезии водихои гулиуш ва г. мебошад. Ин холат на танхо дар газалиёту рубоиёт, инчунин дар касидахои у хеле чолиб ба тасвир омадааст:

Май хурдаву афрухта рухсор шукуфа,Гул-гул шуда аз хаидаи бисёр шукуфа.3-он пеш, ки дар бог саропарда занад гул,Зад хаймаи худ пеш ба гулзор шукуфа.Азбаски ба ташрифи раёхии гухар афшонд,Шуд абр тихикисаву зардор шукуфа.То сабза бар а грофи 1улистон пари тутист,Аз синаи боз аст намудор шукуфа.Дар бод мабодо, ки ба шухй фитад аз шох, Худраставу тифл асту сабуксор шукуфа.

Ё худ:Абри найсон ба гулистон чу гухарбор шавад,Настаран пургухари сода садафвор шавад.Фалаки шох, к-аз у субхи шукуфа бидамад,Авфаки тарфи чаман матлаи анвор шавад.Сабза шона дихад аз голиядон лола барад,То насим ояду машшотаи гулзор шавад...

Ва ё лахзае аз фасли тирамохро чунин бо хусусиятхои чудо- гонаи он дар касидаи «Васфй хазон» ба калам медихад:

Ба руи об хазонро сари тамошо шуд,Хазор завраки заррин зи барг пайдо шуд.Зи баски хуни гул аз шох рехт наш гари хор,Зи чехрааш асари заъф ошкоро шуд...

Яке аз мавзуъхои хеле марказй дар эчодиёти Мушфикй хачву мутоиба мебошад. У ба ин мавзуъ хаиуз аз овони чавонй-солхои тахсил дар Мадраса огоз кардааст. Такрибан солхои 1557-1558

37

шоир ашъори хачвии худро мураттаб иамудааст. Ин аст, ки «Де­вони мутоибот»-и шоир ашъори хачвй- мутоиботии уро фаро мегирад. Мушфикй дар бораи арзиши хачву мутоиба мегуяд:

Шамшери хачв олату афзори шоирист,Ин чине бад мадону аз ин навъ бад мабар.

Бештар хачви у доираи васеи хамкасбон, зиёиёни замени Муш- фикиро дар бар мегирад. Инчунин, хачву мутоиботи Мушфикй ба табакахои хокими замон, амалдорон, сохибмансабон.. сармо- ядорон низ равона гардидааст:

Хоча гандум ваъда карду ними чав хосил нашуд,Дар адои ваъда доим химмагаш дун асту во\.У разолат карда бошад, мо каноат мекунем,Бигзарад ин соли кахту монад он руи сиёх.

Мушфикй аз табакахои сохибмансабон: Арбобзода, козй. Масъуди сармоядор ва дигаронро хачв кардааст. У дар бораи Масъуди сармоядор мегуяд:

Дар кори ту, Масъуд, ачал дер кунад,Вакт аст, ки зур овараду зер кунад.Аз симу зари чахон нашуд чашми ту сер,Чашмони туро хоки лахад сер кунад.

Ё ин ки Махмуд ном муллой Гелонй, ки баъд ба Самарканд омада мукимй шудааст, Мушфикй уро хачв мекунад:

Зи Гелон омадй, Махмуд, берун,Кулох аз Хусрави Дайлам гирифгй.Задй саркалла бо Заххоки морон,Ту хам магз аз сари одам гирифтй.

Дигар аз хусусиятхои хачви Мушфикй ва мутоиботи у дар мушаххас ва хаётй будани мавзуъ аст.

У шахсонро бо касбу фаъолияташон номбар мекунад ва кир­дори зишти онхоро хачву танкид менамояд.

Лексикаи хачвй- мутоибавии ашъори Мушфикй хоси хамон касбу пеша. одцй, бозорй ва баъзан туркист. Ахёнан аз одоб бе­рун низ мебошанд.

Барои намуна газали хачвии «Таксими мерос»-ро зикр хохем кард, ки хеле хачви малех дорад. Дар ин газал тавассути санъ­ати тазоду мукобала аз огоз то анчоми он нобаробарии зану мард ва хатто хохару бародар бошанд хам, нобаробарй сарфи назар карда намешавад, ба тасвир гирифта мешавад. Аз суи дигар, харией нисбат ба молу чиз, сарвату неъмат нишон дода шудааст. Хатто шеъри мазкур мохияти шархихолй дорад:

38

Хамшира, харчи мотами бобо аз они ту,Сабр аз ману гараддуди гавго аз они ту.Анбори пур зи галлаи бобо аз он ман,Он коххои монда ба сахро аз они ту.Ин чомахобу бистару болин аз они ман,Бетокативу нолаи шабхо аз они ту.Танбури пур зи хотами бобо аз они ман В-он нагмахои тарнатороно аз они ту.В-он чои хоби мондаи бобо аз они ман,Тасбехи пора-пораи бобо аз он ту.Дастор, чома, футаи бобо аз они ман,Бетокативу нолаи шабхо аз они ту.Кафгиру дегу дегчаи бобо аз они ман,Дастгиру дегхонаи бобо аз они ту.Хамёни пур зи тангаи бобо аз они ман,Занги фулуси мондаи бобо аз они ту.Чумла гилему колини бобо аз они ман В-он иакшхои мондаи бурё аз они ту.Аз руи хавлй то ба лаби бом аз они ман,Аз пушти бом то ба Сурайё аз они ту.Мардум гусел кардану шиштан аз они ман, Такфини хоб кардани бобо аз они ту.Рафган ба суи кабру ишиас i ан аз они ман, Дастархони чалпаку халво аз они ту.

Аз ин газал бармеояд, ки шоир урфу одаги чории замонро, ки дар онхо ба занон чандон эътибор дода намешавад, сахт хачв мекунад. Зохиран он чизхое, ки ба хохар аз мероси бобо пешни- ход карда мешаванд, хам аз нигохи микдор, доираи фарогирй, хачм, саршумор, андоза, арзишмандй хиссаи ба хохар пешниход- шуда бештар аст. Вале амалан ба хохар чизе мушаххас дар даст намемонад. Ва он чи ки моли меросист. ба бародар расидааст. Аз ин ру, шоир мантикан хамшираро химоя мекунад.

Ё ин ки намунае аз як газали дигари шоир, ки бисёр ба мавзуи мухим-ишку масъалахои дигари ичтимой: нодорй, тангдастй, бенавой, сузу фирок, хачру зурй ва гайра, ки кахрамони лирики- ро чон ба лаб овардаву ноилоч сохтааст, ру меорем.

Дар ин газал, ки каблан низ зикр шуда буд, хатто хавфи афза- лияти ракиб ба назар мерасад. Аз ин чост, ки ошик-кахрамони лирикй мехохад ру ба катъияту чиддият биёрад.

39

Мушфикй мегуяд:Хар шабе аз охи дил кошонаро оташ занам,Шамъро сузам, дили парвонаро оташ занам.То ба рагми ман насозад хонаи ишрат ракиб,Пеш аз мурдан ба куят хонаро оташ занам.Бо хама раьной аз ох,и дилам андеша кун,Хирмане сузад, агар як донаро оташ занам.Ин хама огаш ба чони ман зи дасги дил фитод,Гар ба даст афтад, дили девонаро оташ занам.Чои хар оташ дар ин вайрона доги хасрат аст,Чои он дорад, ки ин вайронаро оташ занам.Мушфикй, дар дафтари айём мазмуни фаност,Окибат авроки ин афсонаро оташ занам.

Газали мазкур ишкй буда, дар он садди чиноиро (девори хитой) махбуба тавассути хачру хичрон ва дури аз висол гузоштааст. Ошик хеч илочи дигаре барои дарёфти висол намеёбад. Аз ин ру. махз ба хотири он ки ракиб аз ин пешомад комёб нашавад, дигар хеч чизро дарег намедорад. Ошик аз хонаву чой, шамъу парво- на. хирману дона ва умуман аз хаетй мегузараду оташ меафка- над. Оташи афкандаи ошик, оташи вакей нест, балки дуди охи дил аст, ки сузону оташосо аст.

Аз сабаби он ки ин оташ аз дил аст. пас хастй дучори фано мебошад. Зеро воситае, илоче, дастрасие, умеде дигар барои ви­сол дар у намондааст. Албатта, чунин сурат гирифтани мазмун- созиву маъниофарй дар ашъори Мушфикй, пеш аз хама дар газалиёти у аз нобасомонихои замони шоир, аз тангии маишй. аз дасткутохй пеш омадааст. Ин аст, ки чунин охангхо на тан- хо дар газалхои Мушфикй дучор мешаванд, балки хамаи шакл- хои шеърии эчодиёти уро хам фаро гирифгаанд. Омухтани ин масъала барои равшан намудани бисёр масъалахои зиндагино­маи шоир кумаки бевоситаи чиддитарин хоханд намуд.

МАСНАВИИ «ГУЛЗОРИ ИРАМ»

Абдуррахмони Мушфикй на танхо дар эчоди газалу касида. рубоиву шеъри тасмит, мукаттаоту марсия ва г. машхур аст, бал­ки у дар маснависарой низ табъи баланд доштааст. Шоир масна- вихои «Сокинома», «Гулзори Ирам» ва «Чахоннамо»-ро эчод

40

карда дар тахаввули суннати маснависарой низ сах,ми сазовор гузоштааст.

Маснавии «Гулзори Ирам» нахустин маснавии Абдуррахмо­ни Мушфикй буда, аз нигохи мавзуъ, мазмуну мухгаво, образхо- ву кахрамонони асосй хеле чолиб мебошад. Таърихи таълиф, микдори абёти онро худи шоир чунин ишора кардааст:

Чун адад хостам аз ин ашъор,Шуд хазору саду чихил ба шумор.Бахри таърихи ин сахифа калам Х,афтро дар ду нух ниход ракам.

Яъне маснавии мазкур соли 1571/72 таълиф гардида, зохиран ба Абдулоххони Шайбонй зхдо шудааст:

Ай шахи нуктадон, ки хусни камол Аз ту дар мулки назм ёфт низом.То ба номат сухан шудаст карин,Суфаи байт гашта шохнишин.

Маснавй аз 24 фасл иборат буда. дар бахри Хафифи мусад- даси махбуни махзуф иншо шудааст, ки афоъили он чунин аст:

- V — / V - V - / V V ■

яъне: фоъилотун, мафоъилун, фаъилун.Асар ба таври анъанавй: хамди Худо, наът, муночот, санои

Пайгамбар (с.) ва ёрони у огоз мешавад. Баъд сабаби таълифи достон зикр мегардад, ки хохиши дустон будааст.

Достон аз накди шахси солхурдае, ки аз достонсароии гузаш- та хуб огохй дошт, шуруъ мегардад:

Дар Магрибзамин Акл ном шохе буд. Акд шохи одилу доност. У фарзанд надошт. Акд баъдтар сохиби фарзанд шуду тифлро Дил ном кард. Дил ба балогат расида, хамаи илму хикмати за- монро омухт. Падараш уро ба мулки Бадан волй таъин кард. Дар мулки Бадан калъае буд, ки Димог ном дошт ва Дил дар он чо зиндагонй мекард. Надиме дар яке аз базмхо иинхонй ба Дил дар бораи Чашмаи Хаёт хабар медихад. Дил баъдтар талаби чашмаро мекунад. Дил мамлакатро ба холи худ гузошта, бо гаму гиря барои чашма дар нинхонй менишинад. Дил дар киш- вари худ Назар ном чосусе дорад. Назар аз холи Дил нурсон мешавад. Дил ба Назар сирро мекушояд. Назар ба Дил мегуяд, ки ту оромона мулкро идора кун ва ман илочи Чашмаи Хаётро меёбам. Назар хангоми сайр ба мулке мерасад, ки ягон каси

41

бегона ба ин сарзамин пой нагузоштааст. Мардумони он шоду ганианд ва ин шахр Офият ном дорад:

Муддате чун Назар сафархо кард,Хар тараф, хар тараф назархо кард.Суи шахре фитод чашми Назар,Ки назираш надида буд дигар.Халк бар вай зи фитнахо эмин,Хама дар куи Офияг сокин.Назар аз номи шах,р чун пурсид:«Кишвари Офият» - чавоб шунид.

Хокими шахри Офият Номус ном дошта, Назар бо у хамсух- бат мешавад. Номус мегуяд, ки Оби Хаёт нест ва ин хамон об- руи инсонй аст. Вале Назар ноумед нашуда, чустучуро давом медихад. У ба кухе мерасад, ки дар он укобон зиндагй меку- нанд. Ранги кух сиёх ва хавлнок мебошад. Дар он кух калъа- ест, ки Зухду Риё ном дорад, хокими калъа Зарк аст. У шахси маккору дилозор аст. Назар ба назди Зарк омада киссаи Оби Хаётро арз мекунад. Зарк бар хилофи гуфтаи Номус мегуяд, ки Оби Хаёт хает, вале дар чаннат. Чашмаеро, ки ин чо Оби Хаёт мегуянд, хамон ашки чашмони инсон.мебошад. Агар хохй, ки онро ёбй, гиряву зорй бикун. Назар боз сафарро давом дода ба калъаи дигар дучор мешавад, ки хокими он Химмат ном дошт. Химмат покдил, бофазлу камол буд.

Назар аз Химмат низ имдод мепурсад. Химмат мегуяд, ки он чашма пинхон нест, вале рох ёфтан ба он чо душвор аст, Назар зорихо мекунад. Химмат мегуяд:

- Дар мулки Шарк Ишк ном шох аст. Ишк духтаре дорад, ки Хусн ном дорад. Ишк барои духтари худ аз нукраи шаффоф дар кухи Коф калъае бино кардааст. Ин калъа дар шахри Дидор ме­бошад. Дар шахри Дидор боге мавчуд аст, ки онро Гулшани Рух- сор мегуянд. Чашмаи Оби Зиндагонй он чост. ХУСН пайваста аз он чашма менушад. Химмат боз мегуяд, ки: Эй Назар, ман чои Оби Хаётро гуфтам, вале рохи он пурхатар аст. Дар сари рох шахри Сагсор аст ва хокими он Ракиб мебошад ва у тобеи Ишк ва нигохбони Дидор аст. Пас аз Дидор човушон манзил доранду баъд манзили дигар аз хабашизодагони зангичехр аст. Ду камон- дор он чо торочгарони аклу дин хастанд. Химмат ба бародари худ Комат, ки сипахсолори Хусн аст, номае навишта ба Назар

42

медихад. Ч,овушони Ракиб-Ч,афо ва Ситам Назарро бандй ме- куиаид. Назар хунари зарсозии худро ба Ракиб изхор мекунад. Ракиб мегуяд, ки сангро зар мекунад. Ракиб мегуяд, ки Лола аз Рум ва Сунбул аз Чин биёр ва то гули Форс аз наргиси Хдбашй дар назар накашй, кор душвор мешавад.

Инхо дар шахри Дидоранд. Пас Назару Ракиб ба шахри Сало- мат меоянд, ки дар он чо бародари Химмат-Комат мезист. Дар шахри Саломат Ракиб хоб меравад. Крмат аз Назар максад ме- пурсад ва Назар номаи Химматро ба Крмат медихад. Крмат На­зарро ба шахри Дидор равон мекунад. Яке аз амирони Хусн, ки Зулф ном дошт, аз Хиндустон ба Туркистон омада буд, аз гармои хаво дар камари кух истикомат мекард. Назар, ки падараш аз Тур­кистон ва модараш аз Хиндустон буд, бо Зулф ошно мешавад. Зулф каманд афканда Назарро ба он кух мебарад ва Назар он чо гул, сарв ва булбулу тазарвро тамошо мекунад. Назар Зулфро видоъ мекунад ва Зулф ба у чанд тор аз Зулф медихад, ки агар лозим шавад, дар болои сангу охдн оташ афруз ва торе бар руи оташ гузор, ман х,озир мешаваму туро халос хохам кард. Назар ба дасти морпоён дар шахри Шом асир меафтад ва аз онхо халос шуда ба шахри Дидор меояд, он чо зангибачахоро мебинад:

Хама дар рангу буй мушкинон,Гулу насрину ёсуманчинон.

Назар кй будани онхоро пурсид. Онхо гуфтанд, ки гуломони Холи Хусн хастанд. Назар Гамза ном бародаре дорад. Гамза хам- рохи Хусн аст. Назар Гамзаро мебинад, ки дар Гулшани Рухсор дар байни наргисзор нишастааст. Гамза ба Назар хамла кард. Дар чанг Назарро бандй кард, вале шинохт, ки бародараш аст:

Гуфт: Ман будаму бародари худ,Харду ДУ нури чашми модари худ.Чун зи хурдй чудо шудем зи хам,Модар аз мехр мухрае махкам Дар ду бозуи мо зи лаъли хушоб Басту аз хачр кард дида пуроб.

Хусн огох, шуда, Назару Гамзаро даъват мекунад. Хазинадори Хусн - Садрхозан дар руи когаз пайкари сангеро кашида ба Назар медихад. Назар сурати Дилро мешиносад. Дил писари шохи Магрибу Шом мебошад. Хусн аз Назар хохиш мекунад, ки уро ба висоли Дил бирасонад:

43

Ба Назар роз дар миёна кушод,Шаби хичрон дари фасона кушод.

Назар саргузашти Дилро ба Х,усн баён мекунад. Х,усн гуломи худ Хаёлро хотаме медихад ва бо хамрохии Назар ба пеши Дил равон мекунад. Дил бо Хаёл сухбат карда мехохад Хуснро буби- над ва бо Хаёл меравад. Вазири Дил холати Дилро ба падари у- Акд хабар медихад, пас аз Акду вазир мехоханд Назару Хаёлро асир гиранд. Назар хотамро ба дахон андохта Дил, Химмат ва Хаёлро гул заду ба назди Хусн рафт. Назар хост аз чашмаи Гул- шани Рухсор об нушад, вале хотамро афтонд. Ин вак,т Ракиб пай­до шуду Назарро махбус кард. Назар муе аз Зулфро оташ дод, ки Зулф хозир шуду уро начот дод. Назар вокеаро ба Хусн гуфт ва Хусн Гамзаро бо Назар фиристод, то ки Дилро асиру Акдро даст- гир карда биёрад. Зарки Рохиб писаре дошт, ки у Тавба ном дошт. У сокини кухи Зухд буд.

Дил ва Акдро ба назди Хусн меоранд ва Хусн дояе дошт, ки номаш Вафо буд. Боре Хусн ба Вафо гуфт: Ту Дилро ба касри Висол биёр. Ба хамин тарик, Хусн ба висоли Дил мерасад.

Гайр низ мехохад ба висоли Дил даст ёбад. У чунин хам карда ба висоли Дил мерасад. Хаёл холати Дилу Гайрро мебинад:

Х,арду мадхушу маету лояъкил,Аз чахону чахониён гофил.

Х у с н бохабар шуда Дилро дар кухи Укоб меафканад. Гайр ин холро ба падараш Ракиб мегуяд. Ракиб бошад Табассум, Дил ва Назарро бандй мекунад ва онхоро дар водии Фирок махбус менамояд.

Химмат барои халосии Дил ба шахри Комат омад. Баъд Хим­мат ба шахри Бадан омада Ишку Аклро халоей бахшид ва ба Махр фармуд, ки Ракибро зиндон кунад ва Дилу Табассум ва Назарро озод кунад. Акдро аз Чин оварда ба садри вазорат чой медиханд. Дар охир хама як чо чамъ шуда Вафо, Ноз ва Мехр ба хам мепайванданд ва Дилу Химматро эхтиром мекунанд. Дар хамин чо хутбаи никохи Хусн ва Дил хонда мешавад. Химмат Дилро ба суи чашма ва пайдо кардани Хизр мебарад. Достон ба хамин тамом мешавад.

ХУСУСИЯТХОИ достонИн достон рамзй буда кахрамонхои он асосан узвхои инсо-

нанд. Хусусиятхои узвхо ба назар гирифта шудаанд. Инчунин

44

майлхои инсонй низ хар кадом табиати сириштии худро нигох медоранд: Ишк, Х,усн, Акл, Дил, Хаёл, Назар, Гамза, К,омат, Химмат, Мехр, Вафо, Ноз, Зулф, Табассум, Номус, Тавба, Зарк, Ракиб ва г. ширкаткунандагони достонанд.

Тавассути ташхис ва рамзу киноя хар кадом амал мекунанд. Муносибату рафтор, гуфтору кирдор ва фаъолияти мусбату манфй будаву доштани онхо мисли он аст, ки онхо дар вучуди инсонй доранд.

Масалан, Гайр, Зарк, Тавба бештар садди ро\и ошику маъ- шукаанд, вале дар достон хар кадоми инхо фаъолияту амали худ­ро мустакилона ба кор мебаранд.

Кдхрамонхои асосии асар: Акду Дил ва Ишку Хусн мебошанд. Дигар кахрамонхои лахзагй ва ё ёрирасон мебошанд. Онхо хат- ти амалиётро фаъол гардонида ба чараёни ходисаву вокеахо тах- ким мебахшанд. Хадаф аслан баёни холоти ошику маъшука ме- бошад, ки онхо Хусну Диланд. Ин кахрамонхо (асосй ва ёвар) дар ашъори орифона вазифаи дигар доранд. Инчунин дар ашъо­ри лирикй низ дучор мешаванд. Маснавии «Гулзори Ирам» хатто аз унвони он пайдост, ки дорой кавитарин охангхои ирфонй-та- саввуфй аст.

Аз нигохи сабку услуб, шеваи баёну хунари эчод, истифодаи вазну кафия, радифу санъатхои адабй, мазмунхову хунари тас­вир, корбасти калимахову иборахо, таъбирхои халкй ва гайра низ дар достон хеле чолиб аст.

Кушиши шоир дар эчоди маснавй аз он иборат аст, ки у хос- гааст дар заминаи суннати бой ва бисёрсолаи богановат тоза- корй бикунад. У аз ухдаи он хам баромада тавонистааст.

Албатта, дар ин мавзуъ Ибни Сино, Шайх Шахобиддин Сухра- вардй («Рисолата фй хакикат-ал-Ишк») таълифот доранд, вале чун асари адабй-бадей Фаттохии Нишопурй («Хусну Дил»), Ко- тибй («Хусну Дил») навиштаанд. Мушфикй бештар такя бар эчодиёти Фа гтохй кардааст:

Аввал ин буд, ки муншии устод Дафтари «Хусну Дил» ба даетам дод.

Вале ба кавли Мушфикй. Фаттохй дар эчоди асар ба нуксон- хо бештар рох додааст. Аз ин ру, асари уро «колаби бе рух» ва «чамани бе об» мегуяд:

45

Мучмале кисса он ки дошт зухур,Нусхае аз фасехи Нишопур.Тоире аз назм ночашида фу гух,Дар назар хамчу колаби берух...

Ин аст, ки достони Мушфикй бештар дар таърихи адабиёт махбубият пайдо кардааст. Шоири асри XVII Нишонй аввалин касест, ки пас аз Мушфикй достони «Хусну Дил» навиштааст. Чандин шоирони дигар низ бо ин ном ва ё дар хамин мавзуъ асар- х,о навиштаанд.

С А В ОЛ В А С УП 0 Р И Ш Х ,0

1. Оид ба ч а р а ё н и зиндагии Мушфицй чй медонед?2. Мушфик,й кай ба шеъру шоирй ру овардааст?3. Сабаби ба Самарканд сафар кардани Мушфик,иро шарх, дих,ед.4. Муносибати шоир бо амирони давр чй гуна буд?5. Сабаби ба Х,индустон ру овардани Мушфик,й дар чист?6. Мушфик,й кай ва дар дарбори кй сох,иби унвони «Малик-уш- шуаро» гардид?7. Поёни умри шоир дар кучо сипарй шудааст?8. Аз мероси адабии Мушфик,й то кунун чй бок;й мондааст?9. Мавзуъ ва мундаричаи газалиёти Мушфик^ро баён кунед.10. Арзиши адабии к,асидах,ои шоир дар чист?11. Кадом хусусиятх,ои характерноки хачву мутоибах,ои шоир- ро медонед?12. Газали Мушфик,й «Хар шабе аз ох,и дил кош онаро оташ занам»-ро азёд кунед.13. Кадом маснавихри Мушфик,иро медонед?14. Мазмуни мухтасари маснавии «Гулзори Ирам»-ро накр кунед.15. Образной асосй ва лах,завии маснавии «Гулзори Ирам»-ро шарх дихед.16. Хусусияти фарк,кунандаи маснавии «Гулзори Ирам»-ро гуед.17. Нуфузи эчодиёти Мушфик,й ба адабиёти давр ва шуарои мутааххирин чй гуна аст?

46

Ш А В К А Т И Б У Х О Р О Й

Ба худ кардам гуворо талхииайёмро, Шавкат,

Ба ширинй да.\они морро тунгишакар кардам.

Яке аз суханварони боистеъдод, навпардозу борикандеш Мухаммадисхрк Шавкати Бухорой аст, ки дар таърихи адаби­ёти точик макоми шоиста дорад. У такрибан солхои 20-уми асриXVII дар хонадони сарроф (заршинос), ки басо илмдусту их- лосманди шеъру адаб будааст, ба дунё омадааст. Аз ин ру, Шавкат хдмаи илмх,ои чории замонро комилан аз худ менамо­яд. Инчунин, нозукихои касби падарро хдм хеле хуб меомузад. Дере нагузашта Шавкат хдмчун яке аз шахсиятхои илмию ада­бии замони худ шинохта мешавад. У махсусан ба шеъру адаб таваччухи бештару хубтар дошгааст.

Мухаммадисхок Шавкати Бухорой баъзе ишорах,о дорад, ки гуё аз чониби горатгарон зарари басо сахти моддй низ дидааст ва яке аз сабабхои тарки диёр намудани шоир гуё хамин амали ночавонмардонаи баъзе аз муосирони у будаанд. Шавкат дар як касидаи худ мегуяд :

Чудо зи силсилаи дустони худ шудаам,Х,аво шавад, чу чудо гашт иола аз занчир.Матой хонаам азбас тамом горат ёфт,Кашам ба сафхаи девори хона накши хасир.

Аввалин шахре, ки Шавкат дар он рахти икомат меафканад, Хироти бостонй будааст, зеро дар ин бора чунин ишора мена­мояд:

Ранг аз гули замини ХиР»т аст фикрро,Худро наметавон ба замини дигар кашид.

47

Шоир дар ин шахр аз чониби хокими он Сафикулихони Шом- лу кддршиносихо дида, ба ин лахзаи рузгораш низ баъзе ишо­рахои чолиб мекунад:

Тарки Ватан намудаму кадрам азим шуд,Гавхар зи фавти сухбати дарё ятим шуд.

Баъд аз чанде Шавкат ба Машхдд руи ниёз оварда, аз тарафи вазири Хуросон-Мирзо Саъдуддин Мухаммад илтифоти фаро- вон мебинад.

Чунончи:...Худ маро кардй зи барки лутфи худ гарми сухан,Арзи холи хешро кардам ба густохй адо.Чугзи бепар будам ин дайри харобободро,Аз ду дасти тарбият додй маро боли хумо.Андалебй доштам, аммо забонам гунча буд,Сохтй аз хушнасимихо маро дастонсаро.

Вале баъдхо Шавкати Бухорой аз Машхад ба Исфахон меояд, ки он ба соли 1678 иттифок афтодааст. Хамчунон аз баъзе ишо­рахои шоир бармеояд, ки у азми ХинДУстон низ кардааст, вале ин кдсмати масъала чандон равшан нест, зеро дар ашъори Шав­кат охднгх,ои пушаймонй аз ин сафар низ ба назар мерасанд, чу­нончи у мегуяд:

Насибам аз сафари Хинд гайри мехнат нест,Касе зи мори сиёхи рахаш саломат нест.Ба буриёи ватан мекунам шакархобй,Ба махмали сиёхи Х,инд хоби рохат нест.

Ё худ дар чои дигар:Зи бас бувад сафари Х,инд сурмаи овоз,Садо ба рафтани ранги хино намебошад.

Ба хамин тарик, поёни рузгори шоир низ дар Исфахон гузаш- та, Шавкат такрибан миёни солхои 1107-1111 (еолхои 1695-1699) дар хамон чо аз ин олам гузаштааст. Мазораш дар атрофи шах­ри Исфахон вокеъ мебошад.

ЭЧОДИЁТИ ШАВКАТИБУХОРОЙ

Аз зикри мухтасари зиндагиномаи Шавкат бармеояд. ки у аз Бухоро баромада дигар ба ватанаш наомадааст. Шоир тамоми умр дар гарибй зиста дур аз диёр олами фониро тарк кардааст.

Бо вучуди азобхои гарибй, Шавкати Бухорой тавонистааст аз худ мероси бое бокй гузорад. У дар эчоди бадеъ бо тахаллу- ехои «Нозук» ва «Шавкат» шеър гуфтааст. Шояд дар ofo3 « Н о- зук» тахаллус карда, баъдтар «Ш авкат»-ро тахаллуси хеш карор дода бошад.

Мероси адабии Мухаммадисхок Шавкати Бухорой, ки ба си- фати девони ашъор то ба имруз махфуз мондааст, аз газалиёт, касоид, рубоихо, муфрадот, ашъори пароканда ва мукаттаот ибо­рат мебошад. Дар девони шоир газал пеш аз хама мавкеи авва- линдарача дорад, ки то 744 газалро ба у мансуб медонанд.

Мавзуъ, мазмуну мундаричаи газалиёти шоир асосан чанбахои ичтимоии зиндагй, хаёт, ноадолатихои рузгор, шебу фарозхои олам, печидахои дунёи моддй, нооромию бедодгарихои мухити ичтимой, гарибию ранчхои мусофират, нодорию тангии маъишй, бевафоии умр, дунё, мунофикии зимомдорони вакт, макру хил- лахои зохирбинон, тангназариву гаммозии одамони беакл ва гайра мебошад. Мухим он аст, ки дар хамин замина мавзуъхои итнкй ва ошубхои калбии инсон, шуру валвалахои ботинй, эхсо- соти нозуки одамй ва гайра баён шудааст. Яъне мавзуъхои ишкй чилои аввалиндарача надоранд ва бештар охангхои шиквоию хасбихолй ба чои аввал омадаанд.

Бояд гуфт, ки мавзуъхои ичтимой аслан барои газал гаронихо пеш меоранд, вале шоир тавонистааст, ки дар баёни чунин мавз- уъхо хунари худро нишон бидихад:

Кучо аз модари айём осоиш хавас бошад?Париданхои рангам чунбиши гахвора бас бошад.Гули чамъияти равшаидилон аз риштаи ох аст,Баёзи субхро шероза аз тори нафас бошад.Ба зохирбиий азбас кор уф годаст мардумро,Агар кадди касе кутох бошад, нимкас бошад.

Хддаф дар газали мазкур ганимат шуморидани умр, эхтиёт- корй, мазаммати зохирбиниву кутохназарй аст. Дар ин шеър таъ- бири халкии «одаму дам» ба кор шрифта шудааст.

Ё худ дар газали дигар мегуяд:Субхи пирихо расиду ахди хурсандй намонд,Хаидаи дандониаморо устухонбаидй намонд.Мевахо чун нахли тасвираш ба шохи хайра г аст,Нахли мижгонро бахоре аз барумандй намонд.

49

Ай, ки дорй мушти хокамро ба каф, посаш бидор,Бод пуртунд аст, то аз даст афгандй, намонд.Юсуфи моро зи бас гаштанд ихвон рохзан,Зодгохи Мисри мо чуз номи фарзандй намонд.Бар сари болини ин мушти гиёх, ай барки ноз,Омадй рузе, ки моро бо ту хурсандй намонд.Чун тазарви барк аз гарминафасхо сухтем,Мурги мо, Шавкат, ба доми орзумандй намонд.

Дар газали боло асосан хасби хол ба тасвир омадааст. Он то андозае якчоя бо фалсафаи зиндагй хеле созгор ва басо чолиб баён шудааст. Зеро овони пирй бо гусели хамешагии ахди бар­ной пеш омада, ба он монанд аст, ки агар кафи хок мавриди ва- зидани бод афканда шавад, шояд ба замин хеч нарасад. Аз тара­фи дигар, то дарачае авзои таърихии замон низ мувофики муро- ди дили инсонхо нест, зеро холат ба он овардааст, ки бародарон рохзану хасманд ва талмехан ишора ба бародарони Юсуф (а.) низ шудааст.

Инчунин, дар маркази хадафи эчодкор, агар хеле чиддй зехн монда шавад, пай бурдан осон аст, ки оханги яъсу ноумедй дар симои ошик-кахрамони лирикй басо кавй садо медихад. Аз ин ру, баробари гузаштани ахди барной, хурсандй, барумандй, шо- дию нишот бахори умр низ аз даст рахо мешавад.

Мухтавои хадафи шоир пахлуи хеле нозуки дигар хам дорад. Яъне шоир ба ин восита инсонхоро хушдор медихад, огох мена­мояд, ки дар гузашти умр, сипарй гардидани айём дар гафлат намонанд. Пас казоватхои адиб мохияти ахлокию тарбиявй низ доранд.

Бо назардошти хусусиятхои шаклй газали зикршуда мурад- даф (калимаи намонд радифи сода), мукаффо: хурсандй, устухон- бандй, барумандй, афгандй. фарзандй, орзумандй буда, кофияхои мазкур мутлак мебошад, зеро пас аз харфи равй-«д», харфи васл- «й» омадааст. Дар калимахои кофия чузви «-андй» решай к,офия буда, харфи «д» равии мутлац, харфи «й» васл, харфи «н» кайд мебошад. Азбаски харфи равй - «д» бо харфи дигар («й»-васл) часпидааст, чунин кофияро кофияи мутлак меноманд. Аз нигохи вазн бошад, газал дар бахри Рамали мусаммани максур эчод гар- дидааст, ки афоъили он чунин аст:

- v - - / - v - - / - v - - / - v ~ яъне фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилон мебошад.

Дар газалиёти Шавкат ишкй хдкикй-ирфонй, илох,й низ ма- коми махсус дорад. Дар чунин газалхо ишк неруи иуртавоно- тарин ва човидонаву мукаддас аст:

Шер рам мекунад аз шуриши девонаи ишк,Дидаи дев бувад шамъи парихонаи ишк.Куфру ислом дар ин рох ду накши кадам аст,Каъба сангест зи девори санамхонаи ишк.

Ё худ дар газали дигар:Дар он сахро, ки вахшаг рахравонро рохбар бошад, Саводи манзил аз чашми ™золон шухтар бошад. Талабгори Худо аз хеш ган гофил намебошад,Ки тори чода соликро ба рах мадди назар бошад.

Рох,и мукаддасот - тарикати солик суи маърифати сулук рох ба суи човидон аст, ки дар газалиёти ишкии Шавкати Бухорой тасвир шудааст.

Дар газалиёти шоир хислатхои хдмидаи инсон: вафодорй, росткавлй, чавонмардй, инсондустй, илмдустй, адолатхохй, чуду сахо, олихиматй, дурандешй, дилчуй, хдлолкорй, покй, садокат, лутфу эхсон, хдлимию мехрубонй, мех,натдустиву хок- сорй ва гайра сидкан васф мешавад. Баръакс, хислатхои рази­ла мисли: макру дуруг, катлу горат, кутохдазариву инсонбад- бинй, кибру такаббур, худхох,иву хдвобаландй, фиребгариву хдромхурй, мансабпарастиву ришваситонй, бевафоиву бе- номусй, кутох,андешиву суханчинй, нопокиву беадолатй ва гайра бо тамоми чузъиёт мах,кум карда мешавад. Чунончи:

Хирад осуда аз базми мухаббат барнамегардад,Касе аз бешаи шерон саломат барнамегардад,Дами теги ачалро шохрохи офияг донад,Дили девонаи мо аз шаходат барнамегардад.

Хдцаф аз бешаи шерон парвариши нафси хайвонист, ки касе бо он ру биёварад, х,атман пушаймон хох,ад шуд. Х,амчуноне ки аклу хиради инсон дар назди ишк нотавон аст ва гайра.

Ё худ аз газали зерин, ки адиб киёси соддалавхонаеро танкид карда, нигох,и пургаразро пешрави мардум набояд кард мегуяд, зеро дар хонаи оина чй кадар одамон кадам зананд хдм, бесадо мебошад. Ба х,амин монанд дар ин газал намунах,ои сершуморе паёиай оварда мешавад, ки андешаи мухокимашавандаро, яъне фикри асосии шоирро таквият мебахшанд:

50

51

Надорам имтиёз аз содагй аз дуст душманро,Чароги корвон кардам тасаввур чашми рохзанро. Касе огах зи рафтори сабукрухон иамегардад,Садои по набошад хонаи оииа рафтаиро,

Як нуктаи мухимро метавон таъкид намуд, ки ин хама танхо ба воситаи акидахои пандуахлокии адиб мавриди арзёбй карор гирифтаанд:

Бахти бад хохад зи душман хуни мо,Теги мо бас толеи вожгуни мо.Офтоби хоксорй гаштаем,Накши по-кавкаб, замин-гардуни мо.

Аксаран чунин андешахо бо мавзуъхои ишкй хамрох меоянд ва ба ин восита шоир ба ошикон низ панд медихад. Ба ин маънй дар ин газали ишкй омадааст:

Кард хусни гулрухон комил дили девонаро,Партави шамъ оташи манзил бувад парвонаро.Нест сохибхонаи мо гофил аз мехмони худ,Аз нигохи мизбон бошад хаво ин хонаро.Сахтии айём шуд рохи начотам з-ин мухит,Осиё бошад пуле аз худ гузаштаи донаро.Баски белаълаш шаробам оташи халкардааст,Шуълаи чаввола донам гардиши паймонаро,Комати хам нафси пиронро зи хастй монеъ аст,Халкаи дум гашта занчир ин саги девонаро.Хонаи ганро киёми бандагй дорад ба по,Як кади одам бувад девор ин кошонаро.Нарм кун дилро, фиреби неъмати алвон махур,Орд кун дар осиёе нони пухт ин донаро.

Аслан газали мазкур ишкй бошад хам, хадаф дар як байт баён шудааст ва абёти дигар (ба чуз матлаъ) комилан масоили ичтимоист, ки дар назари хонанда олами маънавии шоирро бо чавлони андешахои у муаррафй месозад.

Газал мураддаф нест, мукаффост ва хеле оммафахму сода аст. Аз нигохи вазн дар бахри Рамали мусаммани махзуф (максур) эчод шудааст, ки афоъили он чунин аст:

- v - - / - v - - / - v - - / - v - (ё - v ~)Яъне зебой фарахи дил ва шамъ боиси нурбахшии кошонаи

парвона аст. Нохамворихои хаёт боиси хушёршавихост ва ин

ба он монанд аст, ки донаи гандум он вакт ба максад мерасад, ки аз осиё гузарад ва гайра.

Шавкат низ чахонро бо дидаи ботин мебинад ва дар айни замон, дидаи зохирро воситае мехисобад, ки тавассути он ба олами вок,ей, хаводису руйдодх,о сару кор гирад. Хдку ботил, хубу бад, росту дуруг, фоиданоку бефоида, зиёновару безиён, раво ё нораво будани онро бояд дидаи ботин казоват бикунад:

Ба нури дил фуруги моху хуршед андаке бошад,Барой чашми ботин чашми зохир айнаке бошад.Бувад сохибдилонро бахра аз огохии гафлат,Ба болидан баданро хобу бедорй яке бошад.

Шавкати Бухорой, ки худ бисёр сафархо кардаву азоби гур- батро умре чашидааст, чонибдори гарибй нест ва дар Ватан бу- дану дустдори Ватан шуданро насихат мекунад:

\ар кас, ки рафт аз ватан, аз умр бар нахурд,Фируза чун чудо зи Нишопур гашт, мурд.

Ба назари шоир, навмедй боиси рухафтодагию шикастагист ва шахе набояд ба яъсу ноумедй ру биёрад. Ба ин маънй у мегуяд:

Дар шоми гами хеш маро субхи умед аст,Гар накши нигин тира бувад, ном сафед аст.

Шавкати Бухорой панд медихдд, ки сирри дилро набояд ба хар кас коил шуд. Зеро аерор аз як дахон, ки берун шуд, пахн мешавад ва аз ин ру, он набояд ба касе гуфта шавад. Аз тарафи дигар, инсон бояд худро аз тамаъ ва тамаъкорй нигох дорад. Инчунин, миераъхо агар чуфт шаванд, байтро ташкил медиханд ва шоир миераъхоро дар алохидагй ба лаб монанд мекунад. Яъне хамин ки ду миераъ ба хам часпад, байт хосил мешавад. Макса- ди шоир аз бахамоии миераъхо ва ба хам омадани лабхо пушида нигох доштани дахон аст:

Ба хар кас во макун, банд аз забони арзи матлабхо,Ба дандони тамаъ зинхор макшо укдаи лабхо.Сияхбахтй чароги ахли дилро мекунад равшан,Зи мушки судаи шаб тоза гардад доги кавкабхо.Купал файзи хамушй сохиби девон суханварро,Ба хам ояд ду миераъ, чун ба хам меоварад лабхо.

Шавкати Бухорой дар газалиёти хеш олихимматй, назарба- ландй, бетамаъй, худшиноей барин сифатхоро таргиб намуда, чидду чахл ва саъйу талошро сабабх,ои расидан ба ин ва ё он мак- сад мехисобад:

52

53

Мураму то накунад миннати чархам помол,Пар баровардаму аз дасти Сулаймон рафтам.Чун манеро нагузоранд зи каф ахли карам,Накди химмат шудам аз дасти каримон рафтам.Бод хокам ба cap, оташ ба дилу об ба чашм,Ки зи тавфи дари султони Хуросон рафтам.

Шоири тавоно Шавкати Бухорой хдтто аз баъзе сифатхои калам шиква мекунад, ки калам ба харфи хар кас гуш медихад ва ба амру фармони хар кас cap менихдд.

Ё худ барои шоир сарфи бехуда дар мукоиса бо даромади бе- масриф, яъне даромаде, ки ба хотири гункунй гирдоварй карда мешавад, баробар мебошад.

У мегуяд:Чун калам ангушт нагзорам ба харфи хеч кас,Нест кам аз харчи бечо пеши ман дахли бачо.

Шоир барои ба даст овардани ризку рузй, комёб шудан аз хаёт, хуш гузаронидани умр, саъйу кушиш ва сафар кардану чахон диданро тавсия менамояд:

Ба гетй то ба кай махбус бошй, сайри олам кун,Бувад як чо нишасган, то камар зери замин будан.

Яъне ба акидаи Шавкати Бухорой, шахсе, ки ба чое сафар намекунад, мисли мах,бус аст, ки ба чуз чои зисташ чоеро наме- бинад. Дар ин муносибат инсонро ба хуршед нисбат медихдд, ки касе аз инсонхо ба офтоб гуфта наметавонад бигуяд, ки имруз бирав ва ё фардо рав. Хуршед аз сабаби пайваста дар сафар бу- данаш саховатманду нафърасони хама кас ва хар чиз аст. Аз ин ру, шоир сафарро таргибу ташвик менамояд.

Хунари шоирии Шавкати Бухорой, махсусан, дар эчоди газал ба назар мерасад. Хатто худи шоир х,унарманд ва устод будани хешро хануз дар рузгораш х,ис карда будааст. Зеро дар як кагор шеърхои худ ба ин масъала ишорахои сершумор дорад. Шавка­ти Бухорой то андозае худро хотиматушшуаро ном мебарад ва дар ишора ба ин масъала мегуяд:

Мешавад махбус чун гул маънии рангин зи ман,Хамчу ман, Шавкат, кучо харфофарин пайдо шавад?!

Шавкати Бухорой шоирест, ки комилан дар сабки хиндй газал сурудааст ва умуман дар ин сабк эчод кардааст. Маълум аст, ки яке аз хусусиятхои сабки хиндй бо назардошти инкишофи навъхои шеърй он аст, ки газал нисбат ба дигар анвои адабй

54

рушди бештар доштааст. Зеро таркиби асосии девонхои шои- рони дар ин сабки адабй эчодшударо агар варакгардон намо­ем, мебинем, ки асосан хамаи онхо ба газал ру овардаанд. Аз ин ру, Шавкат низ асосан, газал эчод намудаю махз дар ин жанр кувваозмой кардааст. Хдтто ифтихороти шоирии уро худаш дар эчоди газал медонад.

Шавкати Бухорой бо ишора ба ин маънй чое мегуяд:Лаззат зи ворасидани шеърам барад аду,Ангушт чун ни чал ба хадисам, асал хурад.

Шавкат хатто шоирони нисбатан машхуру шинохтаи сабки хиндй: Нозиму Носиралй ва Соибро дар сатхи хуб кабул наме- кунад ва эчодиёти онхоро аз ашъори худ поинтар мехисобад. Албатта, ин казоват муболигавй бошад хам, як андоза бехуда нест.

Чунончи мегуяд:Бо парешонихтилотон ошной мушкил аст,Шона чаври арраро аз бахри гесу мекашад.Нозиму Носиралй, Соиб иадоранд ин намак,Шавкати нозуксухан му аз дили му мекашад.

Шоир ин чо хунари нозуксуханию адои ширини эчодии худро мавриди баён карор додааст. Аз тарафи дигар, албатта хунари у дар эчоди бадеъ баробари Соиб набошад хам, дар хар сурат газали бохунарона мегуяд. Ба назари Шавкати Бухорой, шеъри у суха- ни мукаррариву оддй, ки дорой вазну кофия ва радиф бошад, нест, балки он порае аз дили эчодкор аст. Чун дар урфият фар- зандро чони ширин мегуянд, пас ба назари ин шоир низ шеър фарзанди эчодкор аст.

Ба ин маънй у мегуяд:Зи баски маъиии у лахти дил бувад, Шавкат,Чу шеьрхои ту бишкофтанд, хун омад.

Х,олати эчод аз нигохи Шавкат, мухлати тулонии умри эчод­кор аст. Яъне шеъри хуб созгор омадани он бо рузгори вокеист. У агар шеъри асил эчод кунад, аввал намунаи насрии онро эчод карда, пас онро ба риштаи назм мекашад:

Кори осой набувад маънии равшан бастан,Наср то назм шавад, об гухар мегардад.

Дуруст аст, ки у дар эчоди газал асосан ба Толиби Омули пай- равй кардааст ва дар иртибот ба ин фармуда ишорахо низ дорад.

Чунончи:Хост то равшан кунад Шавкат чароги табъро,Равгани маънй зи хоки Толиби Омул кашид.

Ба назари Шавкати Бухорой, ба эчоди шеър ру овардани эчод­кор ба одами зебой, ба дунёи сернакхату рангини хаёт, чахони гуворову рузгори ширин низ хает. Максади адиб дар ин холат бори эстетики кашидани суханварй, мохияти зебоиофарии кало- ми бадей мебошад.

Чунончи, дар ин байт гуфтааст:Пеши мо фикри сухан сайри гулистон кардан аст, Лафзро аз ранги маънй гул ба домон кардан аст.

Дар хар сурат шеъри Шавкати Бухорой асосан шеъри хикмат, сухани андарзогин, каломи пандунасихатист:

Нашъаи фикрам дигар, Шавкат, ба мавчи хикмат аст, Хишти хум бонд ба магзи фикри Афлотун задан.

Калимахо, вожахо, таъбиру иборахое, ки Шавкат ба кор ме- барад, дар алохидагй кариб, ки мушкилй надоранд ва омма- фахму оддианд. Онхо танхо дар матн мохиятан мураккабу муш- килфахмтар мешаванд:

Карда наззораи руи ту зи бас хайронам,Оби оина ба доман чакад аз мижгонам.

Дар ин байт калима, ибораи душворфахме нест. Яъне хамаи калимахо аз нигохи маънии лугавй хеч мушкилие надоранд. Аммо мазмуни байт то андозае дастнорас аст, зеро калимахо дар матн чилвахои гуногуни маъной гирифтаанд. Максад хичрон аст. Наз­зораи ру, хайрон будан киноя аз ба ёд овардани чехраи махбуба буда, оби оина, чакидан ба домон, аз мижгон нола аз фироку хичрон аст. Оби оина - сузиши дил, ба мижгон омадани ашк - хузну гусса ва нола буда, ба домон афтодани он - бенатича, беса- мар сомон ёфтани кори ошик аст ва гайра.

Умуман, Шавкати Бухорой шоири хуб аст ва махсусан дар эчоди газал табъи нисбатан саршортар дорад. Омузиши эчодиё­ти Шавкати Бухорой тахкику фарогирии чузъе аз тафаккури ба- деии халки точик дар асри XVII, худшиноей ва таърихи ниёгон дар он рузгорон аст. Аз тарафи дигар, гановати таркиби лекси- кии забони точикй ба хунари сухансанчии хаммиллатон дар ин аср ба шумор меравад.

56

САВОЛ ВА СУПОРИШХО

1. Овони тифлй ва чавонии Шавкати Бухорой чй гуна гузаштааст?2. Сабаби чалой диёр намудани Шавкат дар чист?3. Мероси адабии Шавкати Бухорой аз чих,о иборат аст?4. Мавзуъ, мазмун ва мундаричави гоявии газалиёти Шавкат- ро баён кунед.5. Газали «Субхи пирихо расиду ахди хурсандй намонд» бакадом мавзуъ бахшида шудааст?6. Мазмун ва мундаричаи газали «Дар он сахро, ки вахшат рахравонро рохбар бошад»-ро баён кунед.7. Шавкат дар эчоди газал ба кадом шоирони гузашта таваччух, зох,ир кардааст?8. Мак,ом ва пояи шоирии Шавкат дар таърихи адабиёт аз чй иборат аст?

57

С А Й И Д О И Н А С А Ф Й

Дар фикри дона мурчавбуд даргузар,

Омад ба шеру гуфт, ки:А й Рустами замон!

Аз иттифокц мурчагонгофилй магар

В-арна чаро .у;ак;иршуморию нота вон?

ГЛРЧУМ \ и \(Х 1

Насаф мулки ободе буд. Дар он диёр аз касбхои хунармандй пешаи бофандагй ривоч дошт. Бофандагон, ки барои мардум либосворихои арзонбахое тайёр мекарданд, дар он рузгор сохи- биззат буданд. Касби бофандагй мехнати душворро талаб мекард. Бесабаб нест, ки халк бо дили пурдард дар бораи сахтию душво- рихои бофандагй сурудхо эчод кардааст:

Дилакам зардоб шуд аз чак-чаки бофандагй,Чашмакам пуроб шуд аз риштахои кандагй.Аз сахар то шом иочак мезанам дар чах-чахак,Коматам дар тоб шуд аз кору бори зиидагй.

Миробид Сайндон Насафй барои таъмини рузгорн хеш пай- васта нозукихои касби меросии бофандагиро меомузад ва дар баробарн касбомузй Сайидо дар мактаб низ гахсил мекард. Ин буд, ки тадричан хату савод бароварда, эчодиёти пешиниёнро меомухт. Ашъори Саъдй, Хусрави Дехлавй, Х,асан, Хофнзу Ка- мол ва бисёр дигаронро хифз мекард ва худ низ а\ён-ах,ён шеър мегуфт. Мухаббат ба меросн маънавии гузаштагон, санъати во- лои суханварй, хунари нотакрори хар як эчодкор уро кайхо маф- тун намуда буд. Хдмин дилбастагй уро водор сохт, ки рохи Бухо- роро пеш гирад. У ба Бухоро омада, тахсили олии худро дар мадрасаи Лаби Хавзи Нодир - девонбегй пеши олимону до-

58

нишмандони бузурги замон давом медих,ад. Пас аз даре Сайидо бештари вакти худро барои омухтани ашъори пешгузаштагону муосиронаш сарф намуда, нозукихои каломи бадеъ, еирри хуна­ри эчодро меомухт. Илова бар ин, ба табакахои хунарманди чомеаи онрузаи Бухоро пайваста дар иртибот буд. Аз миёни тои- фаи мазкур дустони зиёде пайдо мекунад ва он ёрону дустонаш дар мавридхои зарурй ба Сайидо ёрии моддй мерасонанд, то ки у тахеилашро давом бидихад. Чун вазъи зиндагй имконият дод, ки Сайидои Насафй тахеили мадрасаро бомуваффакият ба анч- ом расонад ва дар айни замон махорати суханварию нуктаса- нчии худро такмил дихад. Беш аз ин дар хаёти адабии шахр шир- кат варзад.

Сонитар хаёти оилавй Сайидои Насафиро мачбур месозад, ки дар рузгори чавонй пешаи бофандагиро давом бидихад. У дар газа­ли «Мекунам бофандагй» аз ночурихои ахди худ шикоят менамояд:

Дар бахор аз фока ранги заъфарон бошад маро,Порахо бар душ аз барги хазон бошад маро.Бахри рузй мекунам бофандагй чун анкабут,Хона хамчун дорбоз аз ресмон бошад маро.Гаштаам аз фока х.амчун тири бепар гушагир,Хонахои хушку холй чун камон бошад маро.Чун фалак аз мехру мах бар суфра дорам нони кок,Рузу шаб шармандагй аз обу нон бошад маро.

Сайидои Насафй бо максади рахоёбй аз мушкилоти рузгор бо баъзе сохибмансабони замонааш Хочидодхох ва Рахимбй Юз наз- дикй пайдо мекунад. Шоир хатто бахшида ба хокимони давр Абдулазизхону Субхонкулихон ва Убайдуллоххон бо нияти дарёф- ти инъому эхеон чандин шеърхо менависад. Сайидои Насафй ашъ­ори хадафноки мадехавии худро камарзиш дониста, ба ин восита аз миёни сарватмандону сохибмансабон дигар муттакочуиву му- раббикобй намекунад, зеро ба у асрори дарбору дарбориён то ан- дозае ошкор мегардад, ки зимомдорони давр камхираду бедони- шанд. Аз ин ру, дур будан аз эшонро авлотар мехисобад.

Ин аст, ки Сайидо мегуяд:Дар ахди мо ривоч ба ахли хумар намонд,Имруз обруй ба лаълу гухар намонд.Аз хеч хонае набаромад садои чуд,Дар рузгори мо зи каримон асар намонд.Гардуни сифла бехунаронро ривоч дод,

Азбаски эътибор ба сохибхунар намонд.Х,ол он ки ашъори Сайидо хануз дар замони худи у на танхо

дар сарзамини Мовароуннахру Хуросон,хатто дар каламрави Эрону Х,индустон пахн гардида буд.

Шоир ба ин маънй чунин мегуяд:Ба мулки Исфахону Х,инд мехонанд ашъорам,Зи Туркистонаму харгиз надорам эътибор ин чо.

Чун зимомдорон аз ахли шеъру адаб, илму фарханг кадрши- носй намекарданд, бисёре аз фархангиёни замони шоир чалой диёр карда буданд ва бештари онхо ба сарзамини Х,инд мерафтанд.

Шоир ба холати мазкур чунин ишора менамояд:Х,амрахон рафтанду ман по дар ватан дорам хануз,Такя чун сурат ба девори бадан дорам хануз.

Аз як тараф, заъфи пириву дурии рох ва аз тарафи дигар, бе- бизоатию тангдастй ба Сайидо имкони сафар карданро намедод, ки азми сафари Хиндро ихтиёр бикунад:

Аз тихидастй чу сарви бог иоям дар гил аст,Рахт мебандам, агар зоди сафар бошад маро.

Кушишу такопухои Сайидо бенатича поён ёфт ва ин холатхо шоирро рухан азият медод. Ин буд, ки шоир рахой аз ин холати пешомадаро дар гушанишинй, канорачуй пайдо кардан хост ва ин рохро низ пеш гирифт. Муддате узлатшинй намуд.

Гушанишинй ахволи Сайидои Насафиро боз хам вазнинтар, холоти рухии уро заъифтар намуд.

Чуноночи, шоир мегуяд:Он ки мегиряд ба холам, чашми хунини ман аст В-он ки бардорад сарам аз хок, болини ман аст.

Ин буд, ки шоир аз руи эхтиёчоти рузгор боз ру ба миёни мар- дум меорад ва галати худро фахмида дар як муддати кутох ислох менамояд:

Х,осил нашуд зи гушанишинй муроди ман,Худро зи хона бар сари бозор мекашам.

У на танхо азоби эчодиро аз cap мегузаронду токат менамуд, балки мехнати чисмонй-бофандагй мекард ва дар ин рох худро ба Фарходи кухкан хамсангу монанд медонисг.

Ба ин маънй ишора намуда мегуяд:Ба зури дасту бозу мехурам, ай Сайидо, рузй,

60

Маро чун кухкан хуни чигар бошад бех аз ширам.Аз баъзе тасвирхои ичтимоии шоир бисёр лахзахои рузгори

уро метавон пеши назар овард, ки барои баркарору пурра на- мудани зиндагиномаи Сайидо ёрй мерасонад. Масалан, ба ин тасвири ичтимоии шоир агар таваччух карда шавад, ахволи ичтимоии адиб боз хам равшантар мегардад:

Видоаш карда мерафтам ба хона,Таваччух зад кадам бар остона.Даре дидам ба нокомй кушода,Ба рохам дидаи во истода.Фигон ногах зи куфли дар баромад,Ки: «Имшаб турфа дузде бар cap омад.Кавичангол гурге, тезхашме,Ба бозу филзуру тангчашме.Сари уро зи дор андешае не,Ба гайр аз дуздй уро пешае не».Ман он чо то сахар дар хоби рохат,Кушода дузд ин чо дасти горат.Даруни хонаам чуз бурё не,Ба зери пой гайр аз накши по не.Зи беасбобиям дар сина чок аст,Матой хонаи ман обу хок аст.Чй гуям ман ба руи хонаи худ Шудам шарманда аз кошонаи худ.Шудаш торочи у кунчи фаромуш,Зи дасти дузд гаштам хонабардуш.Туро бод, ай фалак, даврон мусаллам,Ба як шодй кунй омода сад гам.

Дар ин чо асосан вазъи хонаводагии шоир, ахволи ичтимоии Сайидо руи тасвир омадааст. Зимни он норизоии шоир аз низо- ми давлатдории сохибдавлатону мансабдорони даврони худ хатто бо кавитарин охангхои эътирозй мушохида карда мешавад. Ху­сусан, берахмию чафопешагии дуздон, ки онхо аз низоми сус- тии давлатдорон истифода бурдаанду заррае тарсу харос надо- ранд, хеле хуб ба тасвир гирифта шудааст.

Поёни умри Сайидои Насафй низ дар Бухоро гузаш гааст ва у

61

гахминан соли 1711 дар хамон чо вафот кардааст.\Л 1ЧН II ЛДЛБИП ( ’ЛИ ИДО

Осори адабии Сайидои Насафй, ки «Кудлиёт»-и уро фарохам овардааст, дорой 8500 байт мебошад. Дар осори махфузмондаи шоир чои аввалро газал ишгол менамояд, ки микдори он 4600 байт аст. Мусаммати мухаммас бошад пас аз газал дар чои дуюм буда, 1050 байтро ташкил медихдд.

Инчунин, Миробид Сайидои Насафй ба хунармандон, намо- яндагони хунархои мухталиф як силсила шеърхо бахшидааст. Сайидо чанд маснавии дигар низ дорад, ки хачми онхо аз 16 то 68 байтро дар бар мегиранд. Яке аз чунин маснавихои у «Дар мазаммати дузде, ки хонаи шоирро Fopar кардааст»-ном дорад, хеле чолиб буда, дар баробари арзиши адабй - эстетикй ахами- яти ичтимоию шархихолй низ дорад.

Дигар аз асархои Сайидо, ки то ба хадде шухрати эчодии шо­ирро таъмин мекунад, «Шахрошуб»-и шоир аст, ки у ба эчоди ин асари худ, аз як тараф, анъанаи адабиро давом дода бошад, аз тарафи дигар, авзои хунару фарханги замони худ, ривочи касбу хунархо ва тарзи зиндагии муосирони хешро ба таври бадей баён кардааст. Ин асари Сайидои Насафй оид ба хунару пешаи 212 нафар хамзамонони у ва чузъиёти хунарию хусусиятхои дигари фаъолияти мардуми мехнаткаш маълумот медихад. Аз чумла, дойр ба намояндагони касбу корхои мухталифи давр: заргару бофанда. кулолу музадуз, деворзану кабобпаз ва гайра васфу тавсифхои рангин ба назар мерасад. Теъдоди ашъори мазкур низ басо чолиб буда аз як то се-чор байтро фаро мегирад.

Шеърхои ба хунармандон бахшидаи Миробид Сайидои На­сафй аз нигохи истифодаи авзон низ гуногун буда, аз «Шах- рошуб» бо он фарк мекунанд, ки дар ашъори ба ахди хунар их- тисосдода хачву хазли хеле малех дида мешавад.

Маснавии тамсилии Сайидо, ки «Бахориёт» ё «Хдйвонотно- ма» ном дорад, шухрати шоирро дар эчоди ин навъи адабй таъ­мин менамояд.

МАВЗУЪ ВА МУНДАРИ1 * А И ГАЗАЛИЁТИ САЙИДО

Газал дар осори адабии Сайидо макоми аввалиндарача до­рад. Мавзуи газалиёти у хамоно ишку ошикй, дустиву му-

62

хаббат, эхсосоти калбй, шуру исёнхои ботинии инсонхо ва гайра буда, ин чанбаи анъанавии мундаричавии газалиёти шоир аст. Хунари Сайидо дар сурудани мавзуъхои ичтимой- сиёсй, тарбиявй-ахлокй, чамъиятй-инсондустй, фардй-шарх- ихолй ва монанди инх,о низ хает. Албатта, чанбаъхои мавзуи мазкур бо охангхои ичтимой - сиёсй хануз аз Саъдии Шерозй шуруъ шуда буд. Сайидо мавзуъхои хасбихол ва умуман адо- лати ичтимоиро ба баландтарин нукта расонида тавонист ва дар хамин замина тозакорихову навоварихо кард.

Танк,иди ноадолатих,ои замон, нобасомонихои давр, хори- ву бек;адрии инсон, зикри нодорию бенавой, камбагаливу бе- чорагй, х,имояи ах, л и мехнат ва фукарову дармондагон, тан- киди ахли х,усуд, золимон, сохибмансабони берахм, риёкоро- ну чоплусон, зохидони зохирбин, тасвири ахволи бади хеш, мазаммати бухлу кинаварзй ва гайра низ асоси мундарича­вии газалхои Сайидоро ташкил медиханд.

Сайидо хатто газалхое хам дорад, ки саропо арзиши шархи- холй доранд:

Бо кй равшан созам ахволи дили афгори хеш,То ба кай чун шамъ сузам бар сари бемори хеш?Бахри осоиш гар аз гамхона cap берун кунам, Менихам чун соя пахлу бар гахи девори хеш.Юсуфи май аз харидорон касодй мекашад,Бар дукон оташ занам аз сардии бозори хеш.Бар сари ман осиё гардад, тахаммул16 мекунам,Чун намебинам касеро зери гардун ёри хеш.Бар бадан аз нолаи чонкох дорам рахнахо,Бастаам чун най камар, умрест бар озори хеш.Аз баланду пасти олам гашт сухон комёб,Хаем17 меболад ба худ аз вазъи нохамвори хеш. Сайидо, бошад кудурат18 рузии сохибхунар,Шохи гул аз пой натвонад кашидан хори хеш.

Холати мазкур, яъне чанбаи тамоман вокеии тасвир бахши- дан ба газал яке аз хизматхои Сайидо дар гаърихи адабиёти точи к аст.

16 Тахаммул - сабр,17 Хаем - душ ман,18 Кудурат - гам, анду^

£3ИНЪИКОСИ ЗАМОН, ВАЗЪИЯТИ СИЁСИ -

ИЧГИМОЙ ДАР ГАЗАЛИЁТИ САЙИДО

Оид ба мавзуи мазкур Сайидо асари чудогонаи худ - «Бахори- ёт» ё худ «Х,айвонотнома»-ро навиштааст.

Гузориши масъалаи мазкур дар газалиёти шоир пурвусъаттар мебошад. Яъне аз доираи мавзуъхои ишкй ру овардан ба рузго­ри ичтимоии инсон ва чамъият яке аз хусусиятхои газалиёти шоир ба шумор меравад:

Нигахи масти ту хуни дили ахбоб хурад,Теги бедоди ту аз дасти ачал об хурад.Аз чахон гум шуда мехри падару фарзандй В-арна Рустам зи чи боист сари Сухроб хурад. Катраи май сари Мансур баровард ба дор,Вой он кас, ки хама умр майи ноб хурад.Хар ки бо душмании халк равон аст чу бахр,Зуд бошад, ки сари хеш чу гирбод хурад.Сайидо, печиши он зулф ба он рух зи чй руст,Муй бар шуълаи оташ чу фитад, тоб хурад.

Мавзуи газали мазкур асосан адолати ичтимой буда, шоир душманони халкро хушдор медихад. ки аз охи мазлумон хазар кунанд ва агар накунанд, онхоро марг интизор аст. Сайидо беса- русомонихои чамъиятро дар мансабталошиву чахонпарастии муосирон мебинад ва аз ин ру, ба химояи мардумони оддй овоз баланд мекунад:

Дар талоши салтанат афтодаанд аз пой халк,Точ агар ин аст, олам сарнагун хохад шудан.

Аз ин сабаб, у аз гами халк, аз холи мардумони оддй дилхуну чигаркабоб аст ва фигону нолааш танхо бахри бехбудии рузгори бечорагону дармондагон мебошад:

Ашки ман гар инчунин, к-аз дил бурун хохад шудан, Догхои синаам гирдоби хун хохад шудан,

Дар газалиёти Сайидо охангхои хеле амики фалсафй, бо маз- мунхои ичтимой дар гояти хунариву чилои тозаи хаёлбофй руи кор омадаанд.

Чунончи:Нафси саркашро мусаххар акли пуртадбир кард,Саг чу шуд девона, уро метавон занчир кард.Бемураббй зери гардун муътабар натвон шудан,Мохи навро рафта-рафга чарх олам! ир кард.

64

Бо бузургони чах,он густох будан хуб пест,Охир ин беиззатй бар Кухкан таъсир кард.Беибо натвон ба базми тундхуён по ни ход,Бемухобо такя натвон бар дами шамшер кард.То ба пои хум нарафтам, согарам ёрй надод,Дасггирй бо мани афтода рухи пир кард.Мераванд ахли тамаъ дар базмхо девонавор,Метавон дархои мехмонхонаро занчир кард.Комати хилватнишинон мекунад кори камон,Метавон мисвоки зохидро нишони тир кард.Водии девонагй чои фарогат будааст,Хоби рохат пой то дар хонаи занчир кард.Сайидо, музди хунарвар мерасад дархурди кор,Рузии Фарходро гардун зи чуй шир кард.

Газали зикршуда мохияти амики панду андарзй, насихдтй - тарбиявй дошта, олами сабаб - олами инсонхо хеле нозуку хунар- мандона мавриди тасвир карор гирифтааст ва газал аз огоз то анчом (байт-байт) ирсоли масал аст.

Газал дорой кофияву радиф буда, кофияхои он бо харфи равй «р» ба итмом мерасад, ки шакли он мукайяд аст ва радифи газал содда мебошад.

Газал чун мухтавои ахлок,й дорад, дар бахри Рамали мусам- мани мак,сур эчод шудааст ва афоъили он чунин аст:

- V - - / - V - - / - V - - / - V ~

яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилон.Ё худ газали дигари шоир, ки аз нигохи мазмуну мухтаво,

мохияти к,авитари ичтимой дошта, хасби холи шоир ва холати кахрамони лирикй аз огоз то анчоми газал давом мекунад, ки аз тангии маишй ва бенавой ба сари шоир омадааст:

Мурги беболу паре дидам, дилам омад ба ёд,Нолаи чугзе шунидам, манзилам омад ба ёд.Аз фиребу ваъдахои у шудам розй ба марг,Шаб хама шаб дасту теги котилам омад ба ёд.Дар талоши бахр чун гирдоб саргардон шудам,Хасрати лабхои хушки сохилам омад ба ёд.Сар назад аз киштзори умри ман f айр аз сипанд,Сухтам чун мазраи бехоснлам омад ба ёд.Сайидо, дидам ба хок афтода барги лоларо,Теги нохак хурда сайди бисмилам омад баёд.

66

ба мушохдца мерасад. Дар газалиёти шоир кахрамони дирикй - ошик ё фарди сохлбтачриба, хирадманд, рузгорй, мехнаткарин, сохибхунар аст, вале бенаво, бекадру манзалат, пурсабру пурто- кат ва боз бештар аз ин росткавл, бовафо, адолатпараст, хакикат- хох, дурандеш, покизазамиру софдил, самимиву некукор мебошад.

У дар газали зерин мегуяд:Бувад мунъим азизи кишвару озод хор ин чо,Зи сарви бог раънотар дарахти мевадор ин но.Дар огози мухаббат ошик аз мурдан наяндешад,Занад худро ба коми шер тифли найсавор ин но. Худочуро сархархезй шавад афзунтар аз пирй,Дар айёми хазон гулдаста мебандад бахор ин чо.Аламхои туро фардо гувохонанд дар махшар,Макун озурда аз худ хотири лайлу нахор ин чо.Зи захри чашм арбоби тамаъро нест андеша,Кунанд ин кавм майли сурма аз мижгони мор ин чо. Саводи беди мачнун бехтар аз занчир Мачнунро,Ьувад аз дасти гиро нозанинтар раъшадор ин чо,Ба беруй тавон аз ахли дунё бахравар гаштан,Зи тифлон шиквахо дорад дарахти мевадор ин чо,Бувад кори ту, ё Раб, дар ду олам парда пушидан,Макун махчуб он чову магардон шармсор ин чо. Набошад рах ба базми хилвати мо харзагуёнро,Сари Мансур силй мехурад аз пои дор ин чо,Зи базми шеър набвад бахрае афсурдатабъонро,Бувад килки суханпардоз чун шамъи мазор ин чо.Ба мулки Исфахону Хинд мехонанд ашъорам,Зи Туркистонаму харгиз надорам эътибор ин чо.Набошад бо фашу мисвоки зохид хеч таъсире, Наандешад касе аз кавкаби дунболадор ин чо,Хату зулфаш камар барбастаанд аз бахри хуни ман, Хазар кун, Сайидо, аз иттифоки муру мор ин чо.

Газали зикршуда низ оханги бисёр кавии ичтимой дошта, шоир шиква аз тангии маишй ва аз ноадолатихои даврони худ дорад. Умуман дар ин газал танкиду истехзо, мазаммату хичо, шикояту норизой, химояи адлу хакикат, ростиву садокат, дурандешиву покй, вафодориву росткавлй, худотарсиву интихоби рохи рост ва гайраро васф менамояд. Ин чанбаъ низ яке аз хусусиятхои Fa- залхои Сайидо ба шумор меравад. Яке аз масъалхое, ки мисли

67

хатти сурх аз миёни масъалхои баёнгардида дар газали боло мегузарад, химояи ватан, дуст доштани он, дилбастагии сидкй ба ватан, авло шуморидани обу хоки он аст. У хатто ватанро аз мафхуми зодгох васеътар маърифат мекунад ва Туркистонро дуст медорад ва макону диёреро бо он баробар намедонад ва аз ин ру, сарфи назар аз кадрношиносихо, ки нисбат ба шоир раво дида мешуд, у хастадилу навмед намешавад.

Газали боло мукаффову мураддаф буда, кофияи он мукайяд ва радифаш мураккаб мебошад. Аз нигохи вазн бошад, дар бахри Хазачи мусаммани солим иншо шудааст, ки афоъили он чунин аст:

v ---- / V — /v — / v -----

яъне: мафоъйлун, мафоъйлун, мафоъйлум, мафоъйлун.Сайидо дар эчоди газал, пеш аз хама, аз он чихат маком до­

рад, ки у ин навъи адабиро ба хаёти мардум, ба рузгору зиндагй басо карину наздик намудааст. Аз ин ру, дар газалхои у чанбаъхои ичтимой зиёдтар кувват гирифта, як андоза рухияи мардумии шеъри Сайидоро таъмин кардааст. Дар газали Сайидо то ба хадде авзои сиёсй- таърихй ва ичтимоии замони у инъикос гардидааст. Аз тарафи дигар, чанбаи таълимй, панду андарзй, насихатию мавъизатй гирифтани газали шоир бурхони пойдории адиб ба суннат ва бахрабардорй аз анъанахои кухантаърихии шеъру ада- би точик мебошад.

АНДЕШАХОИ ПАНДУАХЛОКИИ САЙИДО

Аслан панду ахлок ва тарбияву таълим максади адабиёти бадей аст. Эчодкоре, ки ба эчоди бадей ру меорад, хатман муносибати худро ба ин масъала баён мекунад. Газалиёти Сайидо дар баро- бари фаро гирифтани мавзуъхои дигар, акидахои тарбиявй-ах- лок,ии шоирро низ дарбар гирифтаанд. Аз тарафи дигар, ба ин восита таълимоти фалсафаи амалии Сайидо маърифат мешавад, ки хеле мухим низ хает.

Масалан, Сайидо чонибдори саъю кушиш, чахду чадал, ама- лу харкат аст. Барои дарёфти кути лоямут инсон бояд мисли сан- ги осиё пайваста дар чадал бошад, яъне ризки худро халол ку­над, тавассути мехнат ба даст биёрад.

У ба ин маънй таъкид мекунад, ки:Рузй насиби кас ба нишастан намешавад,Бояд чу осиё зи пайи обу дона рафт.

68

Ба акидаи шоир, инсон набояд гафлат варзад, балки бояд максади муайян дошта бошад. У кушишу харакат, навду та- лош, саъю чадалро талаб менохмад ва мегуяд:

Бе талаб, ай Сайидо, максад намеояд ба даст,4,0 ба манлис мекунад най аз фигони хештан.

Мехнату кор, машгулияту фаъолият обру ва эътибори инсон аст ва мардумоне, ки ин сифатхоро доро хастанд, сохибхунаранд ва дар зиндагй хеч гох хору залил нахоханд шуд:

Ру намеорад ба хони хеч кас сохибхунар,Богбон ризки худ аз нушти гулистон мехурад.

Ё худ:Шир мегардад бурун аз кух бахри Кухкан,Ризки худ сохибхунар аз санг пайдо мекунад.

Сайидо барои инсони мехнаткаш на танхо сахрову дашт, бал­ки хама чоро мехнаткада медонад ва бояд дар хама холату дар хама чо кас фориг аз саъю кушиш набошад:

Мурги кабоб рузии сохнбтараддуд аст,Дар хона анкабут шикори магас кунад.

Ё ин ки:Устухони хушк беташвиш кай ояд ба даст Аз паи рузй магу табъи хумо осуда аст.

Шоир, ки худ бо мехнаги халол зистааст, муфтхуронро чаш­ми дидан надорад. Х,атто дасту пои инсон, ки агар вазифаи худ- ро ба чо наоранд, онхоро бояд бает, мегуяд:

Паймонае, ки бода надорад, шикастанист,Дасте, ки масдари эчод нест, бастанист.

Ба назари шоири мехнатдусту покизакор, хисоли хдмидаи инсонй аз кабили вафодорй, сидку сафо, ростгуй, росткавлй, не- киву некукорй, рахму шафкат, инсондустиву мардумнавозй, ил- момузиву донишмандй, сабру токдт, бурдбориву пуртокатй ва {айраро таргиб намуда, оммавй гардидани онхоро чонибдор аст: У мегуяд:

Ростиро набувад хеч заволе ба чахон,Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.

Ё худ:Рафик аз каф мадех, душман агар хохй забун гардад,Туро сузан ба даст афтод, хор аз по бурун афтад.

69

Барои доро гардидани инсонхо бо хислатхои хамида хатман тарбият зарур аст. Аз ин ру, ба андешаи шоир, инсон хатман бояд аз мактаби тарбия гузарад.

Дар газалиёти Сайидо ба чуз мавзуъхои маъмулии жанри маз­кур, мавзуъхои сиёсй-ичтимой, тарбиявй-ахлокй, танкддй-хачвй, шархихолй-хонаводагй ва F. хеле баланд садо додаанд, ки ни­гохи тоза ба мазмуну мухтавои газалсарой мебошад. Ин хамин маъниро дорад, ки Сайидо ба ин восита адабиётро ба хаёти чамъият, ба рузгори халк, ба зиндагии табакахои ичтимой хеле наздик намуда, нияту максад ва орзуву омоли мардумонро асо­сан инъикос намудааст.

Аз тарафи дигар, тозакории Сайидо дар газалсарой ба хусу­сиятхои шаклии жанр тааллук надорад, яъне у дар кофияву ра- диф, вазн ва сохтори дигари шаклии газал гардиши чиддй во- рид накардаасг.

Тозакорихову навоварихои шоир дар мундаричаи газалсарой, мохияти тематикии газал дахл дорад, ки газали у оинаи рузгори асри шоир гардидаасг. Газалхои Сайидо саршор аз тазодхову зид- дия гхои хаёт у зиндагй, низоъхои еиёсй-таърихй, хаётй-ичтимой, тоифавию табакавй ва гайра аст. Инхо низоъхо ва тазодхои рузго­ри хамарузаи чомеъа мебошад, пас газалиёти Сайидо инъикосга- ри хаёти инсонхост. У ин чанбаъро низ бо хунари хоси шоирона ва бо сабку шеваи фардй-индивидуалии худ эчод кардааст.

М УСАМ МЛТХО И С АЙ ИДО

Мусаммат дар эчодиёти Сайидо пас аз газал, дар чои дуюм меистад, ки аз 1050 байт иборат аст.

Сайидо бештар ба газалиёти Хусрави Дехлавй, Камолу Хофиз, Ч,омиву Хилолй, Калиму Толиб, Мухташами Кошиву Соиби Таб­резй, Мушфикиву Урфй мусаммат бастааст. Худи хамин чуръа- ти Сайидо гувохи он аст, ки у дар эчоди мусаммат устод мебо­шад, зеро ба газалиёти шоирони дарачаи аввали адабиёт тазмин бастааст. Шоир голибон дар ин кор ба эчодиёти Соиб ру оварда, бештар ба газалхои Соиб тазмин бастааст.

Мусаммат навъе аз шеъри тасмит буда, аз бандхои 3-10 мис- рай иборат аст. Он метавонад аз 5 ё 6 банд иборат бошад ва ду навъ мешавад: яке мусаммати мустакил, ки пурра эчоди худи шоир аст ва дигаре се мисраъ ё чор, панч мисраъ аз худи шоир ва ду мисраи дигар аз шоири муосир ё салаф аст.

70

Мусаммат бо он характерной аст, ки банди якуми он пурра хамкофия, бандхои минбаъда чахор ё панч, шаш, хафт мисраъ хамкофия ва мисраи охир ба банди аввал хамкофия мешавад. Ма- салан, «Намонд»-ном мусаммати мухаммаси Сайидо, ки бар газа- ли Соиби Табрезй (1603-1677) баста шудааст:

Арбоби чудро19 кафи гавхарфишон намонд,Дасти кушодае ба мухиту ба кон намонд,Дар рузгорй мо зи мурувват нишон намонд,«Аз химмати баланд асар дар чахон намонд,Як сарв дар саросари ин бустон намонд»,

То чугзтинатон ба фазой чаман шуданд,Чун сабза сояпарвари сарву суман шуданд,Гулхо зи баски хамдами зогу заган шуданд, «Мургони нагмасанч чалой ватан шуданд,Ч,уз байзаи20 шикаста дар ин ошён намонд».

Аз ахли дил намонд дар ин хокдон нишон,Бастанд обу оина рахти худ аз миён,Хуршед гуфт вакти видоаш ба осмон,«Равшандилон чу барк гузаштанд аз миён, Хокистаре ба чой аз ин корвон намонд».

Аз дидаи басирати21 мо хоб шуд равон,Абёт аз сафина22 чу симоб шуд равон,Тахрир аз сахифа чу хуноб шуд равон,«Аз чашми сурмавори давот об шуд равон, Ширинзабонии калами нуктадон намонд».

Ай Сайидо, ту дил ба макоми начот каш,Пой аз миёни тоифаи бесубот каш,Чун Хизр рахти хеш ба Оби хаёт каш,«Соиб, забони хома ба коми давот каш,Имруз чун суханталабе дар чахон намонд».

Дар мусаммати мухаммаси мазкур байтхои дар нохунак (« ») гирифташуда моли Соибанд. Намунаи боло далели он аст, ки хусусиятхои шаклй ва мундаричавии абёт комилан риоя шудаву аз сохибистеъдод будани хар ду шоир шаходат медиханд.

19 Арбоби чуд - ахли сахо,20 Байза - тухм,21 Басират - чашм,22 Сафина - девони ашъор,

71

Аз сабаби дар газалхои Сайидо охангхои ичтимой садои кавитаре доранд, ин холат дар мусамматхои ба газалхои шои- рони дигар навиштаи у то андозае хис карда мешавад. Яъне Сайидо ба газалхои комилан ошикона низ то дарачае охангхои ичтимоии пуркуввате ворид сохтааст. Масалан, дар мусамма- ти мухаммаси Сайидо, ки бо радифи «Намонд» бар газали Соиб иншо шудаает, хеч гумон намеравад, ки абёти ду адиб бошанд, зеро вазн, радифу кофияхо, мазмуну мундарича, мавзуъ, хусу- еиятхои сабкй ва гайра комилан баробаранд ва чанбаъхои хуна- рии он низ якеонанд. Х,ол он ки дар ин навъи шеърй то дарачае эчодкори мусаммат муетакилу озод нест.

Дар навъи дуюми мусаммат мо комилан озод будани шоирро мушохида менамоем. Барои намуна як мусаммати мухаммаси мустакили Сайидоро зикр намуда, оид ба санъати назми у аз на- мунаи мазкур натичагирй хохем кард:

Дидаро умре ба мардум опию кардам, нашуд,Синаро оинаи сидку сафо кардам, нашуд,Бо баду неки чахон ахду вафо кардам, нашуд,Дар дили хар кас зи руи мехр чо кардам, нашуд,Хонаи шодй ба руи хеш во кардам, нашуд.

Муддате чун соя будам дар кафои шайху шоб,Рузгоре хамнишин будам ба минову шароб,Сар ба танхой барорам баъд аз ин чун офтоб,Поси хотир то ба кай дорам дар ин дайри хароб,Бо каландар шурбу бо зохид риё кардам, нашуд.

Мехрубонихо намудам дустони хешро,Ёр бо мадху сано кардам забони хешро,Чун калам гуям ман акнун достони хешро,Хоки пои хар як аз хамсухбатони хешро,Солхо дар дидаи худ тутиё кардам, нашуд.

Мачлиси агёр равшан кардааст он майпараст,Ай мусулмонон, чй бояд кард бо он шухи мает?Дар фироки зулфи кофаркеш мехурдам шикает,Обруи рафтаро мехостам орам ба даст,Дар харими Каъба чандоне дуо кардам, нашуд!

72

Сайидо, дорам дили чун гунчаи гул пур зи хун, Кавкаби бахтам дар об афтода, толеъ шуд забун, Меравам, занчир дар по, дар биёбони чунун,Баски ноком аз дили офок афтодам бурун,Кимати худро ба нархи хоки по кардам, нашуд.

Албатта, мусаммат аз нимахои дуюми асри XI зухур карда, дар асри XV хдр ду навъи он хеле инкишоф кардааст ва дар ин аср (XV) хусусан устод Ч,омй онро басо ривоч додааст. Сайидо суннати адабии мазкурро дар асри XVII тахаввули махсус бах- шида, аз нигохи мазмуну мухтаво ба он тозагихо ворид сохт.

Чунончи, ба газали зерини Соиб мусаммати мухаммаси «FaMe дорам»-ро бастааст, ки

Сари пуршуру чисми логару пушти хаме дорам,Дар ин водй фаровон дарди бедармон гаме дорам, Парешонхотирам имруз гуё мотаме дорам,«Лаби хушку дили хунину чашми пурнаме дорам,Нигах дорад Худо аз чашми бад, хуш оламе дорам».

Агар гул дар замини дил нишонам, хор меруяд,Нихоли сабз корам, неш аз гулзор меруяд,Маро аз сина дил хамчун забони мор меруяд,«Ба чои чавхари оинаам зангор меруяд,Гуворо бод айшам хуш бахори хурраме дорам».

Ба гардун тири охи хастагон созад асар, Соиб,Барояд эхтиёчи Сайидо аз чашми тар, Соиб,Чу шабнам гаштаам аз неши худ сохибназар, Соиб,«Зи рози осмонхо чун набошам бохабар, Соиб,Ки ман аз косаи зонуи худ Чоми Чаче дорам».

Шоир дар ин навъи шеър низ ба пахдухои гуногуни зиндагй, ба мавзуъхои мухталифи рузгорй инсон дахолат менамояд. У дар хама гуна холату вазъият аз ноадолатихои рузгор шикоят дорад ва ба хамин мазмун газал меёбад ва мусаммат мебандад, ки дар мантики оддии ифода, ба хдм омадани андешах,ои шуарои тоник дар асрхои гуногун, дар мухиту замонхои мухталиф аст. Чунон­чи, боз дар хамфикрй бо Соиб мегуяд:

Дар чаман имруз булбул масти гуфтори худ аст,Кабк дар кухсорхо дар банди рафтори худ аст,

73

Сарв магрури каду гул махви рафтори худ аст,«Хар киро бинам дар ин олам гирифтори худ аст,Кори Хак дар токи насён монда дар кори худ аст».

Рузгоре шуд, ки дар вайронае хастам муким,Мекунам пайваста ёд аз ахди ёрони кадим,Ин нидо омад бурун аз хоки Мусой Калим:«Хизр осудаст аз таъмири девори ятим,Хар касеро руй дар таъмири девори худ аст».

Хонабардушем моро хочати дастор нест,Пайкари моро либоси тозае даркор нест,Сайидо, моро назар бар чашми дунёдор нест,«Чашми Соиб чун садаф бар абри гавхарбор нест,Зери бори миннати табъи гухрбори ман аст».

Яъне Миробид Сайидои Насафй дар тахаввули жанри мусам- мати мухаммас ва махсусан дар ганй гардонидани мазмуну мухта- вои он рисолати таърихии хешро адо кардааст.

« Ш А X РО Ш У Б» - И САЙИДО ВА СОХТОРИ ОН, ТАСВИРИ ХУНАРМАНДОН ДАР ИН АСАР

«Шахрошуб»-и нахустин ба калами шоири асри XI точикза- бони хинд Масъуди Саъди Салмон тааллук дорад. Махасгии Ганчавй, Хусрави Дехлавй, Сайфии Бухорой, Огахй, Мирмувдм- мади Хошим, Мавлоно Озари ва дигарон навъхои гуногуни шах- рошуб навиштаанд.

Сайидо дар асри XVII суннати эчоди чунин асарро эхё кард, ки яке аз хидматх,ои дигари адиб дар таърихи адабиёт мебошад. «Шахрошуб»-и Сайидо дар навъи муайяни адабй (газал, касида, китъа, рубой...) навишта шудааст ва аз ин ру, асари шоир дар шакли худ озод аст. «Шахрошуб»-и Сайидо аз омезиши шаклх,ои гуногуни шеърй иборат мебошад. Аз ин нигох, бунёди «Шах,- рошуб»-и Сайидоро байтной фард ташкил медихднд ва хар як байт як шеъри мустакил аст. Бинобар хамин хам асар вазни яго- на низ надорад ва дар вазнхои гуногун навишта шудааст.

Миробид Сайидои Насафй дар «Шахрошуб» намояндаи кас­бу корхои гуногун мисли: заргар, бофанда, кулолй, танбурй, кан- нод, хиштпаз, музадуз, чарчинфуруш, токидуз, деворзан, кабоб-

74

паз, хдлвогар, дарзй ва гайраро хеле устодона тасвир карда- аст. Дар ин асари шоир хамагй 212 нафар намояндаи касбу хунар ба таври хазломезона васф карда мешавад.

«Шахрошуб» нишон медихад, ки Сайидо то кадомин поя бо мардуми мехнатй, бо табакахои ичтимой-истехсолии чамъият наздик аст. Ба мардум, ба нозукихои кору пешаи онхо, ба рузго- ру зиндагй, ба муносибату рафтор ва гуфтору фаъолияти онхо аз наздик ошно мебошад.

Асар арзиши адабй-хунарй низ дорад, зеро аз чониби шоири тавоно, сухансанчи сохибистеъдод руи кор омадааст. Санъати суханофаринии адиб, хунари эчоди санъаткор, сабки нигоришу шеваи таълифи Сайидо дар ин асар то ба хадде хусусияти халкй гирифтааст.

Чунончи:Дилбари халвогарамро хает теге дилхарош,Аз гами у коматам хам гашт чун халвотарош.

ё худ:Дилбари кассоби ман омад, дукони худ кушод,Дунбаро аз пеши худ бигрифт, пеши ман ниход!

МАЗМУНУ м у н д а р и ч а и ш е ъ р х о и БА ХУНАРМАНДОН БАХШИДАИ САЙИДО

Сайидо ба табакахои хунарманди чамъият таваччухи мах- сус дорад. Зеро онхоро дар ашъори лирикиаш (газалиёту китъахо...), дар «Шахрошуб» ва инчунин ашъори махсуси ба ин тоифа бахшидааш васфу тавсиф кардааст. Албатта, дар таъ- рихи адабиёт фасли тоза низ хает, ки дар шакли маснавй руи кор омадаанд.

Дилбастагии шоир ба ин тоифаи мардум, шояд аз он чихат бошад, ки у худ аз ахли хунар аст. Сайидо дар ашъори ба та­бакахои хунармандон бахшидаи хеш намоядаи хашт навъи хунарро васф кардааст, ки аз чумлаи онхо: баккол, шустагар, нонво, наккош, наччор, шотир, таштгар ва кассоб мебошанд. Ин хашт шеъри ба хунармандон бахшидаи Сайидо дар мачмуъ дорой 290 байт аст ва онхо манзумахоеанд, ки аз ибтидо то ин- тихо дар як мавзуъ эчод шудаанд. Мухим он аст, ки дар ин ман- зумахо инсони сохибхунар ва мехнаткашу захматкарин маври- ди ситоишу васф карор гирифтааст. Чунончи, дар манзумаи «Дар таърифи наццор» меорад:

Бути наччори ман сарвест якто,Зи cap то пой пайванд аз тамошо. Санавбар истода бар дуконаш, Тарошад хешро аз бандагонаш.Ба боги орзу сарви таманно,Запад пеши кади у теша бар по. Чахоне хидмати у карда пеша,Занад хар кас ба суи хеш теша. Забони тешааш ширинтакаллум,Ба хуни Кухкан хурда тараххум Зи оби тешааш пур устухонам,Ба зикри аррааш бошад забонам.Чй арра? Чун забони шуъла саркаш, Фиканда ошиконро дар кашокаш.Чй арра? Зердасташ сарбаландон, Бувад море зи cap го пой дандон. Хамеша шеваи у дилхарошй,Ба хубон менамояд нозпошй.Нигохи у камандосо кашанда,Ки бошад гушаи чашмаш баранда. Чй ранда? Дорад аз оина сина,Чй сина? - Соф дил аз мехру кина. Забони у бувад бо дил мувофик,Саре дорад ба хамворй чу ошик. Асоси хонахоро уст устод,Ба ахди уст ошик хонаобод.Дуконаш дар ба руи арш баста, Димогаш дар сари курсй нишаста.Ба хар манзил гузорад по хамон дам, Кунад чун теша синчи хона махкам. Сафед аз интизораш чашми дархо, Чунон печидаи занчир назархо,Бутон бар сурати у гашта хайрон, Хичил аз бутпарастй бутпарастон, Хароби макдами у хонумонхо,Гул афтода ба чашми тобадонхо. Намебинам ба асри хеш бунёд,Гами у хонумонам дод барбод. Рухаш то рафта аз кошонаи ман,

76

Сиях гардида руи хонаи ман.Маро кай аз дуконаш бахрамандист?Зи чуши ишкбозон тахтабандист.Ба ман кай ошно аз руи ёрист?Дилаш дар ошикй тахчубкорист.Ба ахди хештан устод бошад,Вафояш лек бебунёд бошад.Биё, сокй, даре бикшо ба руям,Ба чоми бода бишкан орзуям.Маро чун Сайидо маъмур гардой.Диламро хонаи пурнур гардон.

Манзумаи мазкур дорой 25 байт буда, ба кдсида каробат до­рад. Он дар шакли маснавй эчод гардида, пешаи наччорй ва чузъ- иёти он, лавозимоте, ки барои касби мазкур зарур аст ва худи наччор ва гайра мавриди тасвир карор дода мешавад.

Манзума дар бахри Х,азачи мусадцаси махзуф ё максур таъ- лиф шудааст, ки афъоили он чунин аст:

v — /v — N - - яъне: мафоъйлун, мафоъйлун, фаъулун.

Интихои асар, дар хачми ду байт мурочиат ба сокиро дар бар мегирад, ки мохияти суфиёна дорад. Инчунин, дар байти охирин тахаллуси шоир омадааст.

Яъне шоир ба ин восита мехнатро васф мекунад, ахамияту мохияти ин ё он пешаро хеле бо чузъиёт баён менамояд. Маса- лан, аз пешаи наччор мунтахо хоса-макони ошикон бунёд меша­вад, ки ба он на танхо инсон, балки хама махлуки чондор эхтиёч ба хона дорад. Пас касби мазкур сазовори васфу ситоиш ва ба­рои мардум аввалиндарача мебошад.

Ё ин ки дар манзумаи дигар оид ба пешаи бакколй сухан ме- равад ва он «Дар таърихи Хоча Мирзочони Баккол» унвон до- раду аз 53 байт иборат буда, бо чунин матлаъ шуруъ мешавад:

Диламро бурда сарии чомазебе, Бихиштиталъате, одамфиребе.

Манзумаи мазкур низ дар бахри Хазачи мусаддаси махзуф иншо шудааст ва афоъили он чунин аст:

v ----/у -----/у - -яъне: мафоъйлун, мафоъйлун, фаъулун.

77

Дар ин манзума низ шахсияти баккол хдмчун донандаи пе- шаи худ, аз хар чих,ат: хислату рафтор, гуфтору кирдор, муноси- бату муомила ва гайра бо чузъиёти мехнати баккол, ороиши дуко- ни у, воситахои мехнат ва тарзи коргирии бакколи сохибмаъри- фату доно ва дар кори худ тавоно, бо кулли нозукихои кору фаъ- олияташ ситоиш карда мешавад. Баъзан баёни шоир оханги хазлу шухй ва хатто гохо каме чанбаи тамасхур низ мегирад. Шояд дар чунин холат шухчашмих,ои мардуми бозор дар симои чунин сохибхунарон мавриди тасвир карор дода мешаванд.

Чунончй:Зи санчидаш димоги лаъли хунбор,Зи раигаш сурх гашта руи бозор,

Ё худ:Ба чон парварда уро золи даврон,Нихода иоми уро Мирзочои.

Ба хамин тарик, дар манзумахои дигари ба хунарварону со- хибиешагон бахшидаи Миробид Сайидои Насафй, аз чумла: «Дар таърифи Хоча Мирзомухаммади Шустагар», «Дар таъри- фу тавсифи нонво», «Дар таърифи Хоча Шафеъи Наккош», «Дар таърифу тавсифи шотир», «Дар таърифи кассоб» ва нихоят «Дар таърифи ташггар» касбхо, пешахо, хунархо, хирфатхо ва сохи- бони онхо бо хислату рафтор. гуфтору кирдор, муомилаву му- носибат ва асрори хунарии эшон ва назокати кору фаъолияти онхо ба тасвир гирифта шудааст. Масалан, назокати пешаи нак- коширо («Дар таърифи Хоча Шафеъи Наккош»), ки боиси зебу зиннат ва ороиши хар як макон мегардад, чунин ба мушохида мегирад:

Гузорад пой бар хар остона,Кунад он хонаро оинахона,Ба килки худ намесозад ситамро,Кунад ангушти у кори каламро.

Ё худ дар манзумаи «Дар таърифи кассоб» чузъиёти пешаи маз- курро аз забони гусфанд меорад, ки барои забх омадааст ва аз он боке надорад, зеро гуъмаи халоли халифаи Чахонофарин шу­дан ормони интихоии уст:

Ба дуконаш равам дар хун тапида,Наяндешам зи сархои бурида.Агар хунам бирезад, мотамам нест,Зи поям гар биёвезад, гамам нест.

78

Ё ин ки дар манзумаи дигари шоир, ки «Дар таърифу тавсифи нонво»-ном дорад, хунари нонвой ва кухантаърих будани он, кадршиносй дидани пешаи мазкур миёни наели инсон ба тасвир оварда шудааст. Шоир макони омодашавии нон-танурро бо усу- ли тоза ва басо образноку шево ба мушохида мегирад:

Танураш сурхру аз оташи гул,Хасу хораш бувад мижгони булбул.

Умуман ашъори ба хунармандон бахшидаи Сайидо чанд чихати хоса дорад, ки онро таъкид намудан аз ахамият холй нест:

Сайидо хам дар ашъори лирикй, асари алохида ва шеърхои чудогона, яъне бо се рох ба ин мавзуъ васфи ахли хунар ва пешаи онхо ру овардааст.

Шоир анъанаи адабй, суннати эчодиро ба таври васеътар эхе намуда, дар хамин замина баъзе тозакорихо кардааст.

Адиб ба ин восита эчоди бадеъро ба рузгори халк, ба ахли мехнат боз хам наздиктар намудааст.

Таркиби лугавии забони адабии точикро дар асри XVI] аз хдео- би калимаву иборахои сохавй нисбатан ганй гардонидааст.

«БАХОРИ ЁТ»-И САЙИДО-СОХТОР,МАЗМУН В А МУНДАРИЧАИ ОН

«Бахориёт» ва ё «Х,айвонотнома» асари тамсилии Миробид Сайидои Насафй буда, дар рузгори Абдулазизхони аштархонй, соли 1680 дар муддати ду-се руз таълиф шудааст ва дар ин бора худи шоир чунин ишора дорад:

Ин нусха, Сайидо ба ду-се руз шуд тамом,Дар рузгори хазрати Абдулазизхон.Таърих аз хазору навад як гузашта буд.Аз хичрати Расул-шахи охируззамон.

Асар хачман чандон калон набуда, аз 184 байт иборат мебо- шад. «Бахориёт» дар бахри Музореи мусаммани ахраби макфу- фи махзуф ё максур навишта шудааст ва афоъили он чунин аст:

- - v/ - v - v/v - - v/ - v - ё худ: - v ~ яъне: мафъулу, фоъилоту, мафоъйлу, фоъилун ё фоъилон.Асар чун суннати устувор бо хамду санои Худо огоз мешавад:

Аввал ба номи он ки муъбаррост аз макон,Халлоки вахшу тайру Худованди инсу чон.

79

Он сониъе, ки шохиди уянд хар вунуд,Он кодире, ки дар сифати уст хар забон.

Асар аз мукаддима, кисмати асосй ва хотима иборат буда, мукаддимаи он хамди Худо ва наъти Расули акрам (с.) - ро дар бар мегирад:

Баъд аз санову хамди Худованди зулчалол,Миннат нихам зи наъти Расули Худо ба чон.

Баъд аз он шоир кайд мекунад, ки бахри рафъи хастагй ва парешонии табъи мардумон ният дорад, ки аз вухуш-хайвонот сухан бикунад. Шоир барои мушохида ба сахро баромада сарав- вал мушакеро мебинад, ки назди дари хонаи худ нишаста хеш- танситой дорад:

Мехохам аз вухуш замоне сухан кунам,Дафъи малол то шавад аз табъи мардумон.Рузе мани гариб дар айёми навбахор Аз кунни хона чониби сахро шудам равон.Дидам нишаста бар дари сурох мушаке,Мекард худ ба худ сифати хешро баён.

Худситой ва таърифкунии муш то ба чое мерасад, ки боиси хашм гирифтани чонвари дигаре мешавад:

Ачдоди ман ба мири мушон такя мекунад,Имруз дар баробари ман кист дар чахон?

Г урбаи даргузаре инро шунида токаташ ток мегардад ва муш- ро сахт танкид намуда, худашро таъриф мекунад:

Ай беадаб, ту шарм надорй зи руи ман?Ачдоди ту шуданд хама пеши ман калон.Обои олии23 ту бувад куршабпарак,Абнои софили24 ту хам аз чинси сифлагон.Пур кардай зи хок ба хар хона рафтай,Ай, хонахои халк зи дасти ту хокдон!Дандонзанист кори ту хар чо, ки дона аст,Хастй хамеша душмани анбори мардумон.

Гурба худистой намуда мегуяд:Бар ман бубину нек таманно бикун маро,Яъне зи шер сурати ман медихад нишон.Паррандае, ки бигзарад аз пеши чашми ман,

23 Обои оли - падару бобоён,24 София - паст

80

Уро ба чанги хеш дарорам хамон замон.Азбаски дар миёнаи мардум мукаррамам,Чоям хамеша хает ба пахлуи мехмон.

Ба х,амин тарик, худтаърифкунии гурбаро шунида саг ба ни- зоъ хдмрох мешавад. Вай гурбаро сарзаниш намуда, худашро еитоиш мекунад. Яъне дар «Бахориёт» хамагй 18 хайвон ишти- рок мекунанд, ки яке пас аз дигаре зухур карда сифатхои ман- фии тарафи мукобилро як-як номбар намуда, мазаммат менамо­яд ва пасон ба худситой шуруъ мекунад. Тартиби ширкати чон- варон дар асар чунин аст: муш, гурба, саг, гусфанд, гург, гов, уштур, сангпушт, хорпушт, рубох, харгуш, маймун, оху, паланг, фил, карк, шер ва мурча бо баёни хислатхои бади хамдигар ва зикри еифатхои хуби хеш мунозираи хеле тезутунд менамоянд.

Шоир дар тасвири мунозираи хайвонот хеле мушохидахои дакику нозук менамояд, зеро зиддиятхои тибиии чонваронро, ки хатто мардумон низ медонанд, кайд намуда нафъу зарари расонидаи онхоро таъкидан баён мекунад: мушу гурба, гурба ва саг, гусфанду гург ва гайра.

Дар асар худситоии хеле зиёдеро шер дар бораи худ ва ачдо- даш раво мебинад, ки он боиси хашм гирифтани мурча мегар­дад. Шер каркро сарзаниш мекунад, ки:

Ай сахтрую сусткадам, чобукй макун,Хасгй ту пеш як кадам аз гови подабон.Тнфлон аз забонн ту пархез мекунанд,Бошй ту дар миёнаи ин кавм бадзабон.Ачдоди ман ба шерри Худо даст додаанд,Аз чанги ман ва гар на ки меёфтй амон.Харгиз шикории дигареро нахурдаам,Як рах ба хуни мурда наёлудаам дахон.Дар бешае, ки мераваму мекунам карор,Берун зи кахтсол шаванд ахли он макон.Бо хар ки бингарам, чигараш об мешавад,Аз мур камгаранд ба чашмам баходурон.

Сарзаниши шер, ки баходурон ба мурча мукоиса карда ме­шавад, тахкир шудани мурча ба садои фахромези шер боиси хашм гирифтани мурча мешавад. Хадафи мурча аслан дона- пайдокунй буд, вале мазаммати шерро шунида газаб мекунад ва абнои чинси хешро мисол меорад, ки агар мо иттифок шаве- му сарчамъ гардем, шерри чахонро пуст хохем канд:

81

Дар фикри дона мурчае буд дар гузар,Омад ба Шеру гуфт, ки: - Ай Рустами замон!Аз иттифоки мурчагон гофилй магар В-арна чаро хакир шуморию нотавон?Хуроки ахли байти ман аст аз ниточи ту,Доим пур аст хонаам аз шербаччагон.Тифлони шермасти ман имруз шергир,Хешони ногавони мананд аз ту комрон.

Таъсири суханони мурча то ба хадде мерасад, ки хамаи чон- варон аз кирдори хеш пушаймон мешаванд ва онхо хатто аз хам- дигар узр хоста оштй мекунанд. Шоир лахзаи мазкурро чунин ба калам овардааст:

Чун аз забони мурча ин харф шуд баланд,Таслим карда карда расиданд вахшиён.Гуфтанд узрхо зи тахи дил ба якдигар,Афтод пои оштие андар он миён.

Мантикан агар андеша карда шавад, «Бахориёт» бо кибру гурур огоз шуда, бо низоъхои паёпай чараён гирифта, то ба ин- тихо кариб давом мекунад. Мухим он аст, ки бо сулх ва оштй тамом мешавад ва хатто чонварон аз хамдигар узрпурсй мена- моянд, ки максади эчодкор тобиши фалсафй мегирад. Яъне хама гуна чанг ба сулх хотима меёбад. Пас ин хамин маъниро низ до­рад, ки чанг, кибру гурур, хавобаландй, худхохй умри тулонй надорад ва хатман пушаймонй ба бор меорад.

Албатта, ба чунин натичаи фалсафй расидани Миробид Сайи- дои Насафй бесабаб нест. Шоир аз анъанахои адабии тоисломй ва асримиёнагй иттилооти комил дошта, дар эчодиёти худ аз онхо кор гирифтааст. Сайидо дар хамин замина низ тозакорихо карда метавонад ва у чунин хам кардааст. У бо эчоди ин асари худ ду чанбаи суннати адабии миллиро таквият бахшидааст: яке осори тамсилиро тахким бахшидаву дигаре адабиёти мунозиравиро эхё кардааст. Намунаи комили асари тамсилй-мунозиравй «Дарах- ти Ассурик ва буз» аст, ки дар адабиёти асримиёнагй таъсири фаровон гузоштааст. Махсусан дар асри XI тавассути эчодиёти Носири Хусрав ва бештар дар осори Асадии Туей мунозира чилои тозае касб мекунад. Намунахои комили мунозира панч касидаи Асадии Туей: «Замину осмон», «Тиру камон», «Шабу руз», «Габр ва мусулмон» «Арабу ачам» ба хисоб меравад. Дар ин

82

асархо интихоби мавзуъ ва масъалагузорй, хдлли масъала ва натичагирй аз он тамоман нав, нихоят мухим ва арзишманд мебошад.

«Бах,ориёт»-и Сайидо хдмчун асари адабй, пеш аз хама, дар накши 18 чонвар нишон додани муносибатхои табакавй дар чамъият аст. Дар руи замин агар пуркувваттарин чонвар шер бошад, хакиру нотавон мурча ба шумор меравад.

Шоир хушдор медихад, ки хисоли хамида фурутанй, хоксорй, шикастанафасй, хдлимй, дурандешй, сабурй, хайрхохй, не- кукорй, дидадарой, тавозуъ барои солимии чомеъа хатмй ва ногузир мебошад. Дар мукобили хисоли хамида, ки номбар кар- дем, хислатхои разила: кибр, гурур, худхох,й, кутохназарй, хаво- баландй, сабукандешй, бузургманишй, чохталабй, нодилй, пас- тфитратй, сифлагй, дунхимматй, разилй, гаразхохй, фитнаан- гезй гузошта мешавад. Шоир ду пахлуи хисоли инсониро (хами­да ва разиларо) хатто дар ниходи як чонвар чой медихад. Ачоиб он аст, ки зикри хислатхои хамида ва дар хамин замина содир гардидани кибру Fypyp ва хдм тафохури бебунёд аз забони худи ин ва ё он чонвар таъкид карда мешавад. Вале аз тарафхои манфии хаёту фаъолияти худ он чонвар забон намекушояд. Ба­раке, хар як хайвон кушиш менамояд, ки бехтарин хислатхои писандидаи ачдоди худро пайваста тавсиф намояд ва бо ин эъти- бори хешро баланд кунад.

Сифатхои зишту носавоби он аз тарафи чонвари мукобили вай номбар гардида, сарзаниш карда мешавад, ки хеле хуб ва таби- ист. Чдраёни хатти харакати сюжет ва тезутунд гардидани муно- сибатх,о, гуё чуёи хакикати вок,ей аст. Ин аст, ки шоир онро дар накши табакахои басо беозору захматкаштарини рузгор - мурча мебинад ва хеле хуб хам пайдо мекунад, зеро чараёни бархурдхо, муковимати низоъхо, бахамоии тазодхо чунин рохи халли мушки- лотро пеш меорад. Бузургии шоир, эчодкор ва мафкурабардор хам дар хамин аст, ки рохи баромадан аз вазъияти баамаломадаро пайдо карда тавонад. Ин мушкилотро Сайидо дар созгории та­бакахои ичтимой дармеёбад. У таъкид менамояд, ки хар як та- бакаи ичтимой дар чомеъа чой, маком ва мавкеи худро дорад.

83

ПОЯИ ШОИРИИ САЙИДО

Аз руи казовати Мухаммад Бадеъ Малехои Самаркандй: «...Х,ар касе шеъри уро медонаду хар шахе бошад бехтар медо- над ва бештар мехонад». Ин фармуда махбубият ва шухрати шеъри Сайидо ва хунари эчоди уро дар бар гирифтааст. Дар хацикдт, макому мартабаи Сайидо дар эчоди газалу мусаммат ва ашъори ихтисосдодаи у ба хунармандию хунармандон, ин­чунин осори тамсилй-мунозиравй басо сазовори тахеин аст. Ал­батта, шоир вобаста ба макоми адабии худ кадршиноей нашу- да бошад хам, чомеъа ё худ оммаи мардум эчодиёти Сайидоро азбар карда, ба хунари шоир ва санъати назми у таваччухи хос доштаанд. Мухим он аст, ки ин пахлуи масъаларо худи шоир хам дарк кардааст. Хатто борхо дар ашъораш ба ин чихат ишо- рахо кардааст:

Маро кай метавонад аз забонхо чамъ кард акнун,Ман он розн ннхон будам, ки берун аз дахон рафтам.

Х,адаф дар байти боло бакои исми эчодкор, пойдории эчоди бадеъ, кадршиносии адабиёт ва хунари сухансанчй мебошад. Ё худ максади Сайидо ба чуз аз шеъру сухангустарй чизи дигаре дар ин олам набудааст ва у пайваста дар андешаи эчоди бадеъ- шеър будааст:

Ч,уз фикри шеър пешаи мо нест, Сайидо,Моро ба дахр мансаби дигар надодаанд.

Яке аз хидматхои назарраси Сайидо дар таърихи адабиёт он аст, ки у адабиётро, хоса шеърро ба зиндагй, ба хаёт, ба рузгори мардум, ба халк, ба табакахои ичтимоии захматии хаёт наздик кард ва инро дар ин ва ё он мархилаи эчодй не, балки тамоми умри хешро махз ба хамин масъала бахшида, ба чуз он фикри дигаре накардааст.

Хизмати шоир оид ба пазироии суннат ва дар хамин замина ба даст овардани тозакорихои адабй басо сазовори тахеин аст.

Сайидо дар рушди жанрхо, тахаввули анвои адабй, такозои тематикй, чузъиёти бадеии лирики, хунари эчоду махорати таъ­лиф, коргирй аз санъатхои шеъриву воситахои тасвир ва гайра низ роху равиши хоси худро дорад.

Сахри сухани хунарии у хануз дар замони худи шоир, дар cap то сари Шарк шухрат пайдо карда будааст:

84

Ба мулки Иефахону Х,инд мехонанд ашъорам,Зи Туркистонаму харгиз надорам эътибор ин чо.

Сахми Сайидо дар ганй гардонидани таркибу фонди луга- вии забони точикй низ басо бузург аст.

САВОЛ ВА СУПОРИШХО

1. Оид ба айёми чавонй ва илмомузии Сайидо маълумот дих,ед.2. Сабаби дар Бухоро мук,имй гардидани Сайидо чист?3. Охирхри умри шоир чй гуна гузаштааст?4. Дар бораи мероси адабии Сайидо маълумот дих,ед.5. Сохту таркиби «Куллиёт»-и шоирро шарх дихед.6. Мавзуъхои марказии газалиёти Сайидоро баён кунед.7. Тозакории шоир дар эчоди газал аз чй иборат аст?8. Мазмун ва мундари^аи газали «Бо кй равшан созам ахво­ли дили афгори хеш»-ро баён кунед.9. Газали Сайидо, ки бо матлаи:

Мурги беболу паре дидам, дилам омад ба ёд,Нолаи чугзе шунидам, манзилам омад ба ёд.

ofo3 мешавад, кадом мавзуъхоро дар бар мегирад?10. Авзои сиёсй - таърихй дар газалиёти Сайидо чй гуна инъи- кос ёфтааст?11. Муносибати Сайидо бо табакахои ичтимоии чомеъа чй гуна аст?12. Газали «Бувад мунъим азизи кишвару озод хор ин чо»- ро шарх дих,ед.13. Сохту таркиби мусамматхои Сайидоро баён кунед.14. «Шахрошуб»-и Сайидо аз нигохи мазмуну мухтаво чй гуна асар аст?15. Мазмун ва мундаричаи ашъори ба хунармандон бахшидаи Сайидоро баён кунед.16. Мавзуъ, мазмуну мухтаво ва хусусиятхои шаклии «Бахори- ёт»-и шоирро баён кунед.17. «Бахориёт»-и Сайидо кадом масъалахои сиёсиву ичтимо- иро дар бар гирифтааст?18. Дар бораи хунари шоирии Сайидо чй медонед?

85

СО И Б И Т А Б Р Е З Й

Соиб аз хок Хает Саъдй

Яке аз бузургтарин симохои адабию фархангии садаи XVII, адиби навовару эчодкори тозакор Мирзо Мухдммадалии Соиб- фарзанди Мирзо Абдуррахим аст, ки бо эчодиёти ганиву гу- ногунчилои худ на танхо ба адабиёти асри хеш, балки ба чара- ёни минбаъдаи адабиёт низ таъсири амику дакик гузоштааст.

Мирзо Мухаммадалии Соиб соли 1603 дар шахри Исфахон по ба арсаи хастй ниходааст. Аз нигохи баромади ичтимой Соиб аз табакаи бозаргонони чомеъа буда, ачдоди у асосан аз Табрез будаанд ва дар рузгорй шох Аббоси Кабир бо ташаббуси ин сиё- сатмадор онхо бо гурухе аз хампешагонашон ба Исфахон кучо- нида шудаанд. Дар ин бора худи Соиб баъзе ишорахо низ наму- дааст:

Соиб аз хоки поки Табрез аст,Хает Саъдй rap аз гили Шероз.

Азбаски Соиб аз табакаи бозаргонон буд, ба у муяссар шуда­аст, ки хамаи илмхои чории замони худро фаро бигирад ва чу­нин хам кардааст. Хусусан, илмхои фалсафа, хикмат, «Куръон»- у тафсир, хадису фикд, сарфу нахв, лугат, адабиёт, калом, ман- тик, кофия, аруз, бадеъ ва гайраро ба хубй омухтааст.

Ба хусус, дар илми хат бахраи комил дошт, зеро назокати ин хунарро аз устоду амаки худ-Шамсуддини Табрезй (Шамси Сонй), ки лакаби Ширинкалам дошг, омухта будааст. Ин аст, ки «Хамса»-и Низомии Ганчавй, «Куллиёт»-и Шамси Табрезй ва бисёр асархи дигар ба калами у китобат шудаанд.

86

Ба кавли сарчашмах,о, гуё муосирони Соиб, бузургон Хаким Рукно, Масехи Кошй, Хаким Шифой аз силки устодони Соиб дар чодаи илми шеъру адаб бошанд, вале ахли тахкик ин факт- ро таедик накардаанд, зеро худи Соиб мегуяд:

Татаббуи25 сухани кас накардаам харгиз,Касе накарда ба ман фанни шеърро галкин.Ба зури фикр бар ин тарз даст ёфтаам,Садаф зи обилаи даст ёфт дурри санин26.

Соиб дар овони чавонй ба зиёрати Макка ва Мадина рафта, пас аз адои хач дар ватан бисёр наистода, муддате дар Кобул истикомат ихтиёр мекунад. Соиб дар Кобул бо хукмрони он чо Зуфархон наздикй пайдо менамояд. Зеро хоким дар симои Соиб шахси донишманду эчодкори сохибистеъдодеро дармеёбад. Худи Зуфархон низ табъи шоирй дошта, сухану суханварро аз ин са- баб хеле хуб кадршиносй мекард. Ин аст, ки Зуфархон Соибро хдтто устоди хеш мехонад. Баъдтар бо дастгирии Зуфархон Соиб ба дарбори Султони Х,инд - Шохичахон низ рох меёбад. Аз ишо­рахои шоир чунин ба мушохида мерасад, ки у дар Хиндустон шухрати беандоза пайдо карда будааст:

Пеш аз ин харчанд шухрат дошт дар мулки Ирок, Сайри мулки Хинд Соибро баландовоза кард.

Ва ё ин ки:Миллахулхамд, ки баъд аз сафари хач, Соиб,Ахди худ тоза ба султони Хуросон кардам.

Ё худ:Баландном нагардад касе, ки дар ватан аст,Зи накш сода бувад, то акик дар Яман аст.Дили рамидаи мо шиква аз ватан дорад,Акики мо дили пурхуне аз Яман дорад.

Ё худ дар чои дигар низ ба ин маънй чунин ишорае дорад: Шаш сол беш рафт, ки аз Исфахон ба Хинд Афтодааст тавсани азми маро сафар.

Чун овозаи шеъраш пахн шуд, шох Аббоси Сонй уро ба Ис­фахон хонд ва хатто бо унвони маликушшуаро сазовораш до- нист. Пас аз у шох Сулаймон низ Соибро кадршиносй кардааст. Ба кавли тазкиранависи точик Мухаммадбадеъ Малехои Самар­кандй, Соиби Табрезй муддате сайри диёри Мовароуннахр низ

25 Татаббуъ - пайравй, 26 Санин - сайк^л

87

намуда, бо ахли шеъру адаби каламрави мазкур низ ошной дош- тааст.

Соиби Табрезй баъдхо хидмати дарборро низ истеъфо до да, беш аз дах сол берун аз дарбор ба эчод пардохтааст.

Поёни умри у низ дар Исфахон гузашта, соли 1677 олами фо- ниро падруд гуфтааст ва оромгохаш дар Исфахон буда, онро рам- зи «Анчумани адабии Соиб» гуфтаанд.

Соиби Табрезй фарзандони хешро низ дар рохи сухандустию маърифатхохй парвариш намуда, яке аз писарони шоир, ки шах- сияти шинохтае дар каламрави онрузаи диёраш будааст, Мирзо Рахими Соиб ном дошта, дар шеъру адаб маъруфу эътирофшу- да будааст.

ЭЧОДИЁТИ СОИБИ ТАБРЕЗЙ

Эчодиёти Мирзо Мухаммадалии Соиби Табрезй хеле бою ран- гин ва серпахлу буда, чолибан дар эчодиёти у газал мавкеи авва- линдарача дорад. Дар мачмуъ ба калами Соиб 120 хазор байт тааллук дошта, аз он чумла маснавии «Кдндахорнома» низ ба у нисбат дода мешавад. Гузашта аз он, Соиби Табрезй ба забони туркй низ эчод карда будааст.

Мухимтарин хусусияти таркиби девони Мирзо Мухаммада­лии Соиб он аст, ки у ашъори худро-лирикаи хешро табакабан- дии ачоиб мекунад. Яъне ашъори ишкии худро, ки дар он нозу истигнои маъшука, васфи зебоихои вай, хусну чамоли уро васф кардааст, тахти унвони «Миръот-ул-чамол» (оинаи хусн) меорад. Ашъоре, ки дар он чузъиёти хусни зохирии махбуба: чашму абру, холу зулф, асбобхои ороишй мисли шонаву оина ситоиш карда мешавад, онро «Ороиши нигор» меномад ва ё худ шеърхои ба васоити шодию нишот, хушгузаронии умр, рузгор, зиндагй, яъне маю майгусорй, бодапаймой ва гайра бахшидаи худро ин адиби мутафаккир унвони «Майхона»-ро гузоштааст. Инчунин, ашъо­ри дидактикй-тарбиявй ва ахлокиро бо мавзуъхои дигари хаётию фалсафй ва чанбаъхои дигари ичтимоидоштаро «Вочиб-ул-хифз» ном ниходааст. Бояд гуфт, ки худи хамин падида дар таърихи адабиёти точик дойр ба мураттабсозии девони ашъор нодир буда, дар чунин шакл корбаст намудани он хоси Соиби Табрезй аст. Ба ашъори дар боло зикргардида бахши касоид илова шуда, ба ин восита «Куллиёт»-и Соиб фарохам омадааст.

88

Мирзо Мухдммадалии Соиби Табрезй на танхо дар навъхои лирикй: касида, газал, китьа, рубой ва гайра табъи баланд дош- тааст, у хусусан дар эчоди газал шухрати махсус пайдо наму- дааст. Инчунин, мутафаккир дар эчоди осори манзуми калон- хачм низ устоди давр будааст. Аз ин ру, аз у маснавихои «Кан- дахорнома» ва «Махмуд ва Аёз» низ ба ёдгор аст.

Дар ин чо як нуктаи дигарро месазад хотиррасон созем, ки Соиб аз замони хеш то рузгорй кунунй на танхо дар Шарк, балки дар олам хамчун намояндаи мактаби сабки хиндй шухрат дорад.

То кунун оид ба рузгору фаъолияти адабии у ба чуз кайду ишо- рат, маколахо, муаррифиномахо, баёзхову тазкирахои муосири адабиёти точик, инчунин фаслхои чудогонаи таъриххои адабиёти форсй низ бахшида шудаанд, ки арзиши нихоят гарони илмй-тадк- икотй ва оммавй доранд. Зеро дар онхо дар баробари адабиёти даври шоир, оид ба чараёни зиндагии Соиб, пахлухои рузгорй у, лахзахои хаёти адиб, камолоту эчодиёти вай, таркиби девони адиб, сахми у дар тахаввули адабиёти асраш ва таърихи минбаъдаи ада­биёт, хусусиятхои эчодй, мавзуъхои ашъор, сабки гуфтору шеваи баён, хунари эчоду махорати суханварй, тарзи таълифу истеъдо- ди сухангустарй ва гайра маълумоти зарурй дода шудааст.

МАВЗУЪХОИ АСОСИИ ГАЗАЛИЁТУ МУСАММАТЧОИ СОИБИ ТАБРЕЗЙ

Соиб яке аз шоирони тавонои газалсарост, ки дар тахаввуло- ти жанри мазкур сахми арзанда дорад. У дар рушди мусаммат низ хеле кавипанча мебошад. Мусамматхои у аз нигохи мавзуъ ва мухтаво, инчунин аз чихати хусусиятхои шаклй асосан сун- натй бошад хам, дар хунари эчод навоваронаанд. Чунончи, му­саммати мухаммаси аввали девони шоир, ки аз нигохи унсурхои шаклй низ тозакорихо дошта, хеле хунармандона эчод шудааст ва аз чахор банд иборат аст:

Тулуи субхи содик cap зад аз пирохани мино,Насими рухпарвар мевазад аз гулшани мино,Суроги духтари раз кардаам аз маскани мино,Агар ин бор меомад ба дастам гардани мино,Чу дурди май нахохам дошт даст аз гардани мино.

Маро савдои ишки у зи хобу хур бароварда,Сарамро муншии такдир аз дафтар бароварда,Барой куштани ман осмон махзар бароварда,

90

Мусаммати мухаммаси мазкур дорой панч банд (басту панч мис­раъ) буда, ишкист ва махбуба аз хама чихат (хам зохиран ва хам ботинан) бартарй дорад. Махбуба чафочу, берахм, бемехр, пурноз, фохир, ношикебо, бадзабон аст. Ошик баръакс: чафокаш, шикебо, содик, халим, ботавозуъ, хоксор, хушмуомила, захматкаш мебошад.

Мусаммати мухаммаси зйкршуда мураддаф (ридфи сода) ва дорой кофияи мукайяд буда, кофияхо бо харфи равй («у») ин- тихо ёфтаанд. Аз нигохи вазн бошад, хамаи бандхо (5 банд) дар як вазн-Рамали мусаммани махзуф (баъзан максур) эчод шуда­анд, ки афоъили он чунин аст:

- V — / - V — / - V - - / - V -

яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун ё фоъилон.Умуман, мусамматхои мухаммаси Соиб аз нигохи мавзуъ, маз-

муну мухтаво махдуд буда, асосан аз баёни ишку исёнхои калбии инсон, васфй хусну чамоли махбуба, ситоиши маънавиёти маъ- шука ва якчоя бо холати ошик дар иртиботи масъалахои мазкур бо авзои замон ва гайра иборат мебошад. Вале аз нигохи хунари эчод дар сатхи газалиёташ эчод шудаанд. Ин чихат барои муайян намудани пояи шоирии Соиб хеле хуб мусоидат мекунад.

Кисмати асосии девони Соиби Табрезиро газал фарохам овардааст. Албатта, чун газал ба забон гирифта мешавад, хат­ман ишк фароруи инсон меистад. Мо аз ин чихат мавзуи маз- курро дар ашъори Соиб хеле хуб эхсос менамоем. Аз силки чу­нин газалхо метавон газали зеринро чун намуна зикр намуд, ки тобиши хеле кавии фалсафй низ дорад, чунончи:

Зихй руят бахори зиндагонй,Ба лаълат зинда номи бенишонй,Бадомузи хавас ошик нагардад,Намеояд зи гулчин богбонй.Ба харфи ишк саргармам, ки бошад Хаёти шамъ аз оташзабонй.Ду зулфат шохрохи лашкари Чин,Ду чашмат хобгохи нотавонй.Макун чун Хизр бар худ рохро дур,Ки наздик аст рохи чонфишонй.Шароби кухнаву ёри куханро Ганимат дон чу айёми чавонй.Агар ошик намебудем, Соиб,Чи мекардем бо ин зиндагонй?!

91

Аз мухтавои газали мазкур пайдост, ки мавзуи марказии он ишк буда, дар он васфи махбуба, чузъиёти зебоихои хусни у, то андозае дур афтодани ошик ва тадричан ба хичрон гирифтор шуданаш, шикебоии ошик, нози махбуба, дурй чустани у аз ошик, вале ин хдмаро аз гардиши рузгор, аз хукми такдир, аз печидагихои зиндагй дидани ошик ба назар мерасад.

Дар баробари ин хдма, то хадде мохияти андарзй гирифтани образи лирикии ошик ба мушохдда мерасад, ки яке аз сифатхои хеле нозуки сабки сухани Соиб, хосса услуби газалсароии уст.

Дар ашъори Соиб охднгхои тасаввуфию ирфонй низ хеле кавист, зеро боре сари ин масъала уро муосирин имтихон низ кардаанд. Нафаре аз шогирдон боре мисраи зеринро ба санчи- ши устод мефиристад:

Аз шишаи бе май май бешиша галаб кун,Соиб фавран мисраи мазкурро чунин комил месозад:

Хакро зи дили холй аз андеша талаб кун.Аз тарафи дигар, у дар ин чода то ба хадде ба ашъори Ч,ало-

луддини Балхй, Шамсуддин Мухаммад Хрфизи Шерозй, Бобо Фигонии Шерозй асосан ру овардааст ва чун дар газал пайги- ри ин тоифа аст, маълум мешавад, ки табъу саликаи солиму баланд дорад ва аз тарафи дигар, ирфону тасаввуф дар газали у макоми асосй дорад. Чунончи, дар ин газал, ки дар пайравии Х,офиз эчод шудааст, мегуяд:

То манзили ман бодияи бехабарй буд,Хар мавчи саробам ба назар болу паре буд.Чун сарв дар ин бог зи озодагии хеш Боре, ки маро буд ба дил, бесамарй буд.3-он руз, ки шуд дидаи ман боз чу наргис,Авроки дилам сарфи парешонназарй буд.Буд аз дами шамшер дами субхи нишотам,То чавшани довудии ман бехабарй буд.Расвоии шамъ аст зи пирохани фонус,Дар парда сухан гуфтани ман пардадарй буд.Аз ачз чу шабнам нафитодем дар ин бог,Афтодагии мо гули равшангухарй буд.Ёре, ки Fy6op аз дили гамдидаи мо бурд,Беминнату бемузд насими сахари буд.Чун партави хуршед, ки дар оина уфтод,Аз умр хамин бахраи ман чилвагарй буд.

92

Соиб, ни тавон кард ба таклифи азизон В-арна тарафи Хона шудан бебасарй буд.

Газали мазкур, ки хеле хунармандона эчод шудааст, мурадда- фу мукаффо буда, аз нигохи вазн низ чолиб аст. Газал дар бахри Хазачи мусаммани ахраби макфуфи махзуф эчод шудааст, ки аркони он чунин аст:

- - \ t v - - \ l v - - v f v - - e : \ - ~ яъне: мафъулу, мафоъйлу, мафоъйлу, фаъулун ё мафоъйл.

Дар газали мазкур бевафоии дунё, назарфиребии он, гузаш- ти умр мисли лахзае нигаристан ба оина таъбир карда меша­вад, ки хадаф хушдор додан аз тагофул варзидан мебошад. Гузашти умри ройгон монанд ба чизест, ки ба дами шамшер мувочех мегардад ва аз рахой дигар илочу чорае надорад ва хадафи эчодкор он аст, ки барои бахра бардоштан аз умр, аз зиндагй кореро метавон интихоб кард, рохеро метавон пеш ги- рифт, то ин ки дар охир лабу ангушти хайрат нагазй. Яъне ин рохи ирфон, маърифати Хак мебошад.

Дар таълимоти ирфонии у рохи мазкур рохи камолот, рохи мукаммалй ва чавонмардона аст, ки агар зарра ба он макон худро расонад, зарра нахохад монд ва ё шабнам агар комёб шавад, офтоб хохад гашт:

То дида махви руи ту шуд, комёб шуд,Шабнам ба офгоб расад, офтоб шуд.Як чашм хоби талх нахон дар бисот дошт,Он хам насиби дидаи шури хубоб шуд.Аз шарми зулфу руи ту дар нофи охувон Сад бор мушк хун шуду хун мушки ноб шуд.Аз рафтани хубоб чй парвост бахрро,Ишки туро аз ин чй ки олам хароб шуд.То чехраи ту дар араки шарм гута зад,Хар орзу, ки дар дили ман буд, об шуд.Оби хаёти Хизр гилолуди миннат аст.Хуш вакти ташнае, ки диёри сароб шуд.Соиб, зи файзи чозибаи ишк окибат Бо офтоб зарраи ман хамрикоб шуд.

Агар каме амиктару дакиктар зехн монда шавад, гумон кар­да мешавад, ки чанд байти аввали газали мазкур давоми ман- тикии газали боло бошад. Зеро давоми он рох дар ин газал тав- зех дода мешавад.

Газали боло ишкй буда, ифодахои шоир, охангхои дигари ичтимой: хоби талх, бисоти чахон, дидаи шури хубоб, шарми зул- фу ру, сайри хубоб, харобии олам, аракд шарм, об шудани орзу, хамрикоби офтоб ва гайра хеле сахт омезиш дода шудааст.

Дар тасвири ошик,она, ки васфи чузвиёти чамоли махбуба аст, бо чузъиётхои пуртазоди хаёт ба киёс гирифта мешавад.

Вале масоили нохамвори рузгорро бо печидагихои сершумо- ри зиндагй ишк мувофики мурод сохтааст.

Газал бо хусусиятхои шаклй низ кобили кабул аст: он мурад- даф буда, радифи сода (шуд) дорад, ки бори гоявй бар ухда дорад ва то андозае барои охднгнокй ба к;офия низ тахким мебахшад.

Кофияхои газали боло мукайяд буда, бо хдрфи равй - «б» ин- тихо ёфтаанд.

Газал дар бахри Музореи мусаммани ахраби макфуфи мах- зуф эчод шудааст, ки афоъили он чунин аст:

— v / - v - v / v - - v / - v - яъне: мафъулу, фоъилоту, мафоъйлу, фоъилун.

Дар баробари мавзуъхои ишкй, маю мусикй, бахору васфи табиат ва гайра дар газалиёти Соиб мавзуъхои дигар: дустию рафокати инсонхо, дастгирии хамдигар, ёрй ба дармондагону бечорагон, химояи ахли мехнату фукаро, васфи илму дониш, хи- раду акл, маърифату маънавиёт, мувофикати кавлу амал, гуфто- ру кирдор ва гайра манзур мегардад. Дар баробари ин амалу кирдорхои зишт, кабохати инсонй, авомфиребиву мардумозорй, танбалию пурхурй, хобу хашм, бадтинатию сиёхдилй, муфтху- риву дилозорй, такаббуру хавобаландй, худхохиву худписандй, гаммозиву чохилй, дунхиммативу пасттинатй, мумсикиву бахилй, золимпешагиву хакимардумхурй, чафокориву бепарвой ва гай- раро сахт ба зери танкид мегирад. Ба ин маънй, ки шахси паст- химмат ба сарманзили максуд нахохад расид, мегуяд:

Ба хеч чо нарасад, хар ки химматаш паст аст,Пари шикаста хасу хори ошёна шавад.

Х,ол он ки агар шахе химматбаланду саховатманд бошад, ба- рояш дар ду олам мушкилие садди рох нахохад шуд.

У мегуяд:Ба химмаг метавонй катъ кардан осмонхоро,Чаро бо ин чунин теге нихон зери сипар бошй?

94

Яке аз хусусиятхои хеле мухимми лирикам Соиб ва хусусан, газалхои у он аст, ки дар газал аз саромадони он Чдлолудцини Балхй, Хусрави Дехлавй, Саъдии Шерозй, Х,офизи Шерозй, Ур- фии Шерозй, Бобо Фигонии Шерозй, Назириву Файзй ва дига­рон ба некй ёд мекунад, нозукихо ва латофату лахни сухани онхоро хеле хуб омухтааст ва аз ин ру, хамин чихат аз балан- дии табъу тавоноии шоир Соиб гувохй медихад.

Ба ин маънй, донишманди Хднд Шиблии Нуъмонй дар «Шеър- ул-ачам» казоват мекунад, ки: «Соиб, агарчи тамоми устодону хамасронашро ба адаб ёд мекарда, лекин ба баъзе асотиди (усто- дхои) сухан нихоят акдцаманд будааст. Зиёда аз хама, ба Хоча Хрфиз иродат меварзад ва ин далели умдаест бар завкд салими у...»

Соиби Табрезй дар газалхои чавобия низ кавипанча аст. Ав- вал ин, ки у ба газалиёти газалсароёни дарачаи аввали таъри­хи адабиёт даст мезанад ва чавобияхое руи кор меорад, ки агар аз газали аввал баланд набошад, паст хам нест. Масалан, яке аз газалсароёни хеле маъруф - Бобо Фигонии Шерозй газале дорад бо матлаъи зерин:

Ба буят субхдам нолон ба гулгашти чаман рафтам, Ниходам руй бар руи гулу аз хештан рафтам...

Соиби Табрезй ба ин газал чунин чавобия дорад:Ба буят субхдам гирён чу шабнам дар чаман рафтам, Ниходам руй бар руи гулу аз хештан рафтам.

«ташбехи шабнам шеърро рух дода ва даъвиро комилан собит кардааст».

Яке аз далелхои осори пешиниён ва хосса ашъори гузашта- гонро хеле нозук донистани Соиб он будааст, ки у аз ашъори бузургон дар шакли мунтахаб баёзе мураттаб намуда будааст ва албатта, барои он ки ин корро сомон бидихад, ашъору девон ва куллиёти бисёр саромадони суханро такрор ба такрор сан- чидаасту мутолиа намудааст ва бешубхд, ин кор бетаъсири мус- бат нест. Зеро баёзи мураттабнамудаи Мирзо Мухаммадалии Соиб дорой бисту панч хазор байт буда, беш аз хаштсад нафар шоирро фаро гирифтааст.

Соиб аз шуарои гузашта, чунон ки каблан зикр шуд, ба Шайх Саъдии Шерозй ва махсусан газалиёти у таваччухи махсус дорад,

Чунончи, байта Саъдй:Циёмат мекунй, Саъдй, бад-ин ширин сухан гуфтан, Мусаллам нест тутиро дар айёмат шакархой.

95

Аз Соиб:Дар ин айём шуд хатми сухан бар хомаи Соиб, Мусаллам буд, гар з-ин пеш бар Саъдй шакархой.

Дар газалиёти Соиб ишки байни инсонхо, шуру валвалахои калбии инсонй, хиссиёти латифи одамй, нози ошику истигнои махбуба, тараннуми мухаббати поки ошикон хеле мавкеъ до­рад. У дар ин мода аз иешиниён ба ашъори Саъдй бештар ру меорад. Тафовути тасвири Соиб дар он аст, ки дар ин чо чоли- бан байтхои газал чанбаи ирсолимасалй мегиранд. Масалан, ба ин газали Соиби Табрезй зехн монед:

Онро, ки чашми масти ту беихтиёр кард,Осудааш зи пурсиши рузи шумор кард.Рахме накард бар чигари оташини мо,Машшотае, ки лаъли туро обдор кард.Нагзошт чашм боз кунад дил губори чашм Ин гарди шухчашм чй бо ин савор кард.Аз дил мапеч руй, ки шаккарсухаи нашуд,Хар тутие, ки пушт бар оинадор кард.Беинтизор домани хуршедро гирифт,Чун шабнам он ки оинае бегубор кард.Дар коми шер бистари рохат фикандааст,Хар кас, ки хоби амн дар ин рузгор кард...Ин он газал, ки Саъдии Шероз гуфтааст,«Музд он гирифт, чони бародар, ки кор кард».

Ачоибии баёни Соиб хатто дар лирикаи сирф ишкй он аст, ки баёни у тамоман тобиши ичтимой мегирад ва дар девони Соиб шеърро, ки дур аз охангхои ичтимой бошад, пайдо намудан му- яссар намегардад. Ишки у мухаббати андарзомез аст, ки аз но- хамворихои зиндагй, печутобхои рузгор, пастиву баландихои хаёг, шебу фарозхои умр, гиру дорхои олами инсонй, дороиву нодорихо маншаъ мегирад, сарчашма пайдо мекунад. Намунаи казовати боло газали зерини Соиб метавонад бошад:

Сокй аз чоме агар хотири мо шод кунад,Бех аз он аст, ки сад майкада обод кунад.Чашми хуфтаст гизоле, ки надорад шухй,Ману он сайд, ки хун дар дили сайёд кунад.Охир, ай подшахи хусн, чй инсоф аст ин,Ки дар айёми ту ишк ин хама бедод кунад.Ёди айёми чунун бар сари ман борад санг,

96

Кудаконро чу зи мактаб касе озод кунад.Мотами вокеии Лайливу Мачнун дорад,Хар дарое, ки дар ин бодия фарёд кунад.Бар забонаш ба чуз аз номи Худо н-ояд хеч,Хар ки наззораи он хусни Худодод кунад.Хандаи кабк шавад нолаи хунин, Соиб,Бесутун ёд чу аз рафтани Фарход кунад.

Газали мазкур низ ишкй буда, бо кавитарин охангхои ичти­мой кобили вукуъ шудааст, ки танхо як ишораи сабуке метавон бар мухтавои он намуд, то хадафи эчодкор ошкортар гардад. Масалан, дар кутох,тарин муддат, ки хуршед ба шабнам рух намуд, шабнам бо хуршед гуё мепайвандад. Яъне бухор шуда ба хаво меравад. Вале ойинаи бегубори шабнам хамин маъни- ро дорад, ки шабнам болои чизе афтода бошад, аз сабаби софу пок буданаш, ранги хдмон предметро мегирад. Яъне бо у муко- билу мухолиф нест ва гайра.

Хусусиятхои шаклии газал низ хубу чолиб аст, зеро мурад- даф (радифи сода) ва мукаффо буда, кофияхои он мукайяд аст, чунки бо равй (хдрфи «р») интихо мёбад. Бори гоявй дар газали боло бештар бар ухдаи радиф карор гирифта, хадафи кофия таъ- киди маъно ва таъмини охднгнокй мебошад. Аз нигохи вазн низ газали зикршуда чолиб аст. Газал дар бахри Рамали мусамма- ни махбуни махзуф (ё макеур) эчод шудааст, ки афоъили он чу­нин мебошад:

- v - - /w - - /vv - - / vv - яъне: фоъилотун, фаъилотун, фаъилотун, фаъилун.

Замони Соиб низ мисли асрхои пешина асри газал, айёми газал, замони газал буда, рушду инкишофи навъи адабии мазкур кону- ниятх,ои инкишофи адабиёти бадеиро то андозае муайян намуда- аст. Аз ин ру, як хуеусияти газали Соиб, газалсароии у ва адабиё­ти даврони ин шоири баландпоя аз доираи лирикаи сирф ишкй бе- рун баромада, ба масъалахои рузгору зиндагй, ба хаёти чомеъа пайвастани газал аст ва ин чанбаъ пас аз асри XIV, пас аз Хоча Хофиз руи кор омадааст. Ба андешаи мо, ин тамоил махсусан та- вассути ашъори Соиб ривочу равнак пайдо намуда, боиси тавач- чухд муосирони шоир ва ахди калами минбаъда низ шудааст.

Беш аз ин гуфтан мумкин аст, ки ин хусусияти лирикаи ишкй, яъне дахолату фарогирии иллату нуксонхои рузгор ва танкидй он яке аз чиддитарин тахаввулот дар таърихи ин-

97

кишофи навъи адабии газал буд, ки тавассути ашъори Соиб х,укми суннати касб кард.

Чунончи:Эмин аз душмани хомуш шудан мумкин нест,Хатари рохравон аз саги гофилгир аст.

Ё ин ки:То шавй чашму чароги ин чахон чун офтоб,Пушиши хар тангдасту фарши хар вайрона бош.

Шоир онхоеро, ки аз номи падар, мансабу кори у ифтихор доранд, сахт кохиш мекунад. Ба кавли у, бояд худи шахе боиси пах,н гардидани шух,рати хеш дар рузгор бошад:

Гавхарнамои чавхари зотии хеш бош,Хокаш ба cap, ки зинда ба номи падар бувад.

Соиб аз шуарои каблй тачрибаи хислатхои хамидаи инсони- ро аз кабили: халкдустй, некукорй, мардумнавозй, илмдустй, хунаромузй, ёрй ба дармондагону ниёзмандон, нафърасонй, хок- сориву фурутанй, шикастанафсиву нармдилй, дурандешиву оли- химматй, саховатмандиву хайрхохй, мех,наткаринию суботкорй, шикебоию бурдборй ва гайраро пазируфта, онро бо тобишхои нав пешкаши мардум намудааст:

Дона бехтар дар замини нарм боло мекашад, Сарфарозй бештар, чун хоксорй бештар.

Ё ин ки:Шабнам ба офтоб расид аз фитодагй,Бингар, ки аз кучо ба кучо метавон расид.

Ва ё:Даъвии дониш бувад, Соиб, ба нодонй далел,Хар ки нодон мешуморад хешро, донотар аст.

Ё ки:Хоксорй на биноест, ки вайрон гардад,Селхо очизи кутохии ин деворанд.

Аз ин ру, Хдзрати Соиб ба ин масъалахо акидаи хоссаи худ­ро дорад ва агар оддитар карда гуем, у дар ин чода истиклоли андеша дорад. Ба андешаи у:

Пок кун аз гайбати мардум дахони хешро,Ай, ки аз мисвок доим мекунй дандон сафед.

ва аз ин ру гайбатро сарчашмаи аъмоли бад мехисобад. Ба на- зари шоир, махсусан забонро бояд эхтиёт кард, зеро буррота- рин шамшер аст, ки дигар ба хам намеояд:

98

Хар киро теги забон нест ба фармон, Соиб,Окибат куштаи шамшери забон мегардад.

Дигар аз кдвитарину мухимтарин хусусиятхои лирикаи Соиб чанбаи андарзй, мох,ияти мавъизатй касб намудани он аст. Ал­батта, ин яке аз хусусиятхои сабки хиндй буда, махз тавассути ашъори Соиби Табрезй таквият пайдо намуд. Чунончи:

Умр рафту хор-хораш дар дили бетоб монд,Мушти хошоке дар ин вайрона аз селоб монд.Икди дандон дар канорам рехт аз тори нафас,Риштаи хушке зи чандин гавхари ноёб монд. Танпарастй фурсати молидани чашме надод,Руи матлаб дар никоби пардахои хоб монд.Дил зи беишкй даруни синаам афсурда шуд,Доги ин кандили равшан дар дили мехроб монд.Акл аз кори дили саргашта cap берун набурд,Дар дили бахри вучуд ин катраи ноёб монд.Корвони Юсуф аз Канъон ба Миср овард руй,Давлати бедор рафту пои мо дар хоб монд.Ахли дарде, Соиб, аз олам дучори мо нашуд,Дар дили мо хасрати ин гавхари ноёб монд.

Газали мазкур комилан ба мавзуъхои ичтимой бахшида шу­дааст. Хддаф ва муроди шоир пушаймонй аз умри бархадафраф- та ва тагофулварзй буда, кахрамони лирикй аз рузгорй сипари- шудааш пушаймон аст. Максад аз хор-хори умр хасрат аст, ки дар дил мондааст ва мурод аз селоб гузашти ноайёни рузгор ме- бошаду мушти хошок чисми фарсудаи рузгордида. Шоир чузъи- ёти ин тасвирро низ хеле таъсирнок баён кардааст: риштаи ис- техкоми лаззатхои моддй - дандонхо, фарсудашавии риштаи га- вхархо ва гусастани он-рехтани дандонхову холй мондани да- хон. Хадаф аз танпарастй - хавою хавасхо, неъматхои инчахо- нист, ки чуяндагонаш мунтахо пушаймонанд. Вале чй илоч?

Максад аз дили беишк-фармудахои нокарда ва акнун он чисми афсурдаи кафаси сина доги кандилест, ки танхо чойро холй кардаасту осораш (догаш) пайдост. Аз сабаби ин ки мо аз ахли дард-хабибони Хак дур мондем, пас аз ин гавхари ноёб- файзи эшон бахравар нагаштем. Аз ин ру, мо хасратзадагонем.

Газал радифдор (радифи сода-монд), дорой кофия (кофияхои мукайяд) буда, хар кадом ба чуз аз вазифаи адабй-бадей, инчу­нин бори гоявй бар ухда доранд. Газал дар бахри Рамали му-

99

саммани максур эчод шудааст ва аз ин чост, ки мохияти панду андарзй дорад. Афоъили газали мазкур чунин аст:

- V — / - V — / - V — / - V ~яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилон.

Хатто аз хамин газали зикршуда хдм киёс кардан мумкин аст, ки лирикаи ишкй тавассути ашъори Соиби Табрезй чанбаи бисёр кивии ицтимой-эътирозй касб намудааст ва он кариб ба кулли ашъори шуарои ин ахд ва хосса Соиб хос аст. Чун Сайи­до, ки яке аз пайравони Соиб аст ва пайравии у ба эчодиёти Соиб бесабаб нест, ин мавзуъхоро ба олитарин дарача расони- дааст. Ин аст, ки Соиб мегуяд:

Дар коми аждахо наравй то хазор бор,Соиб, гули мурод начини зи руи ганч.

Ё худ:Аз тири охи мазлум золим амон наёбад,Пеш аз нишона хезад аз дил фигон камонро.

Ва ё:Гиряи шамъ аз барои мотами парвона нест,Субх наздик асту дар фикри шаби тори худ аст.

Соиб, дар баробари васфи хислатхои хамида, дар хамин поя сифатхои разилаи инсониро сарзаниш мекунад ва аз чумла у худхохиву танпарварй, фиребгарию чохилй, нодонию марду- мозорй, суханчинию авомфиребй, бодахориву бадмастй, кибру гурур, такаббуру худписандй, дуруггуиву гайбаткунй, зиёнко- риву фис-ку фучур, бепарвоиву бухтонкорй, гафлатварзиву хакимардумхурй, тамаъкориву дунхимматй, сифлагиву бехаёй ва гайраро сахт накухиш намуда, боиси хама гуна футуру пас- травихо гардидани чомеъаро таъкид менамояд, ки дар сифа­тхои зикршуда мебошад:

Садои оби равон хобро гарон созад,Зи хушнамоии умр аст хоби гафлати мо.

Ва ё:Дар номаи мо харфи насанчида набошад,Аз чайби садаф суфта барояд гухари мо.

УСЛУБ ВА САБКИ БАЁНИ СОИБг

Сабки сухани Соиб дорой ду чанбаъ аст. Шеваи эчоди шоир, тарзи гуфтору услуби баён, хунари таълифи у аз нигохи фар-

100

дияти эчодй хоси худи уст. Яъне хамоно чанбаи хаётй, охднги вокей-реалистй гирифтани лирикаи ишкй пас аз Саъдй дар шеъ­ри ин симои эчодй ба назар мерасад. Ч,узъиёте, ки дар сухани у хднгоми арзи матлаб ва тасвири холат ба назар мерасад, вокей, мушаххас, дастрас, хаётй мебошад. Ин холат пеш аз хама, аз муносибати кахрамони лирикй ба вокеият замина мегирад. Аз ин ру, кахрамони лирикии у голибан дар такопую тараддуди рузгор бахри дарёфти ризку рузй, бахри нафъи мардум аст. У орзую хавас, хохишу таманнои муосирони хешро дар рузгор дарк намуда, барои татбики он хаддалимкон мусоидат мекунад:

Ин ки гохе мезадам бар обу оташ хешро,Равшанй дар кори мардум буд максудам чу шамъ.

Дар ин байт калимахои ифодагари хадаф: об, оташ, худ, аф- кандан, равшанй, кор, мардум, шамъ калимахои хаётию харр- узаи рузгори инсони мехнаткашу хайрхох аст. Ба андешаи мо, низоъхо, тазодхо, конфликтхо, бархурдхо, зиддиятхо ва гиру до- рхои байтхо, мисраъхо, бандхо ва газалу жанрхои дигари дево­ни Соиб аз таносуби фикрии шоир, киёси шахсият ва чомеъа, мухити зист ва фард cap мезанад, ки ба ин восита истиклоли акоид, фардияти андешаи эчодкор мушохида карда мешавад.

Бо назардошти бардоштхои гоявию бархурдхои мафкуравй фардияти сабки Соиб ва услуби эчодии у муайян карда мешавад.

Яке аз чанбаъхои хунарии Соиб дар ин чода кор гирифтан аз тамсил аст, ки дар газали у мисраъхо, байтхо, дар мачмуъ хамин гуна хусусият дорад. Гумон меравад, ки шоир аз маколу зар- булмасалхо ба таври фаровон кор гирифтааст, вале дар хак,икат чунин хам хает. Беш аз он ин мисраъхо, байтхоро худи шоир сохтааст, эчод кардааст, ки хусусияти ирсолимасалй ё ирсоли- масалайнй доранд.

Чунончи:Ба матлаб мерасад чуёи ком охиста-охиста,Зи дарё мекашад сайёд дом охиста-охиста.Ба Магриб метавонад рафт дар як руз аз Машрик,Гузорад хар кй чун хуршед гом охиста-охиста.Ба хамворй баландй чу, ки теги кухро орад Ба зери пой кабки хушхиром охиста-охиста.Зи тадбири чунуни пухта кори акл меояд,Ки Мачнун охувонро кард ром охиста-охиста.

Х,амон маънист бар хусни мадори хуччати нотик,Ки тутй мешавад ширинкалом охиста-охиста.Агарчи ришта аз тори гухар бечону логар шуд,Кашид аз магзи гавхар интиком охиста-охиста.Машав аз зердасти хеш эмин дар тихидастй,Ки хуни шишаро нушид ном охиста-охиста.Дилам аз ох, мегуфтам шавад холй, надонистам,Ки печад бар саропоям чу дом охиста-охиста.Ба шаккарханд аз он лабхои хушдашном конеъ шав,Ки хохад талх гардид ин мудом охиста-охиста.Агар номи баланд аз чарх хохй, сабр кун, Соиб,Зи пастй метавон рафтан ба бом охиста-охиста.

Дар сабки шеъри Соиб печидагии маъно, таваххумии тасвир, баёнхои зехнй кариб, ки дида намешавад. Шеъри у шеъри пандо- мез, хикматомез, мавъизатомез, андарзнома аст.

Албатта, аз маколу зарбулмасалхо низ бархурдор хает, вале голибан ихтирои худи эчодкор аст.

Дар шеъри у кофия ва радиф мавк,еъ дошта бошанд хам, ну- фузи радиф бештар аст.

Лексикаи истифодакардаи Соиб бештар вокей, оммафахм, мушаххас ва рузгорй буда, шаклй мураккаби калимахо бештар аст, ки голибан худи Соиб сохтааст.

Дар ашъори шуарои ин сабк ва хосса Соиб, асосан санъатхои маънавй мавриди истифода карор дода шудаанд, зеро шеъри ин ахд асосан шеъри маънй буда, ба лафзбозй чандон эътибор дода намешавад.

СОИБ ВА ШУАРОИ ДИГАРИ МУОСИРУ МИНБАЪДА

Таъсири Соиб ба адабиёти давр ва баъд аз асри у хеле бузург аст. Шоири мутафаккир ин нуктаро худаш низ хис кардааст, ки Чое мегуяд:

Махв кай аз сафхаи дилхо шавад осори ман,Ман хамон завкам, ки меёбанд аз гуфтори ман.

Ашъори Соиб, ки саропо хикмату андарз, панду мавъизат, насихату тарбият ва дарси хаёту зиндагй, таълими рузгору тач- рибаи умр аст, ба адабиёти асри адиб ва ба адабиёти минбаъ- даи халкхои Эрон, Осиёи Миёна, Хдндустон, Афгонистону Тур- кия ва халкхои дигари порсигу таъсири фаровон намудааст.

102

Яке аз пайравони чиддии Соиби Табрезй дар Осиёи Миёна шоири хунарманд-Миробид Сайидои Насафй аст, ки тибки тад- кики мухаккикон, Сайидо ба беш аз чихил газали Соиб мусам­мати мухаммас бастааст. Яъне мусаммати мухаммаси тазмин бар газали Соиб мебошад. Таъсири ашъори Соиб ба ашъори Калим, Носиралй, Шавкати Бухорой ва бисёр дигарон хеле бузург аст.

Умуман, заминаи бунёдии ашъори Соиби Табрезиро шеъри хик- мат, ашъори пандомез фарохам меорад ва асосй ин шеър хамоно таносуби сухан, ирсоли масалу масалайн ва тазоду мукобала мебо­шад. Шеъри мазкур чанбаи фалсафаи амалии ашъори Соибро таш- кил медихад ва аз ин ру, ашъори Соиб дар бедории мафкуравии мардум, дар чунбишхои зехнии халк, дар худшиносии омма накши босазо дорад, зеро бардоштхои фикрй, бархурдхои акдонию зехнй боиси бедории фикрй ва хештаншиносии омма хохад шуд.

САВОЛ ВА СУПОРИШЦО

1. Овони ч а в о н й Ва ипмомузии Соиб чй гуна гузаштааст?2. Соиб кай ва дар кадом доираи адабй унвони ифтихо- рии Маликушшуароиро сазовор шудааст?3. Интихри рузгори Соиб дар кадом шахрх,о сипарй шудааст?4 . Сохту таркиби «Девон»-и Соибро шарх, дихрд.5. Хусусиятхои алохдцаи лирикаи ишк,ии Соиб дар чист?6. Мавзуъхои асосии лирикаи Соиби Табрезй аз чихр иборатанд?7. Мазмун ва мундаричаи мусамматхои мухаммаси Соибро шарх дихед.8. Хусусиятхои шаклии мусамматхои мухаммаси Соибро баён кунед.9. Мавкри газал дар «Куллиёт»-и Соиб чй гуна аст?10. У дар газал бештар ба кихо пайравй кардааст?11. Мавзуи газалиёти Соиби Табрезй кадомхоянд?12. Хусусиятхои фарк;кунандаи газалиёти Соибро гуед.13. Кадом санъатхои бадей дар ашъори Соиб бештар истифода шудаанд?14. Таъсири эчодиёти Соиб ба адибони давр ва минбаъда чй гуна аст?15. Кадом шоирони Мовароуннахр ба газалиёти Соиб тазмин ба- стаанд?

103

ХДРФИ РАВИ ВА КОФИЯИ МУЦАЙЯДУ МУТЛАК

Вобаста ба харфи равй кофия ба ду навь чудо мешавад: к о ф и я и м у к а й я д ва к о ф и я и м у т л а к .

Дар илми бадеъи классикй кофияеро, ки хдрфи р а в й бо харфи в а с л начаспидааст, кофияи мукайяд меноманд. Ба тав­ри дигар гуем, кофияи мукайд кофияест, ки охирин харфи он равист ва баъди он харфи дигаре наомадааст. Мисол:

Касе нест бе озу ному нанг,Х,амон оштй бехтар ояд зи чанг.

( Фирдавсй )Дар ин байт калимахои «нанг» - у «чанг» кофия буда, чузви

«-анг» р е ш а й к о ф и я аст. Мувофики коидаи илми кофия садоноки кутохи «а» х а з в, хамсадои «н» к а й д ва харфи «г» р а в и с т . Азбаски кофияи ин байт бо харфи равй ба охир расидааст ва баъди он харфе наомадааст, онро кофияи мукайяд (басташуда, ишкел кардашуда) меноманд. Агар дар кофия харфи равй бо харфи в а с л часпида бошад, яъне баъди харфи равй харфи дигаре омада бошад, чунин кофияро к о ф и я и м у т л а к меноманд.

Мисол:Мардони кабила рахт бастанд В-аз арса х,аме берун нишастанд.

Дар ин байт калимахои «бастанд» ва «нишастанд» кофия буда, чузви «-астанд» решай кофияро ташкил медихад. Дар ин решай кофия садоноки кутохи «а» х а з в, харфи «с» кайд, харфи «т» р а- в и и м у т л а к , садоноки кутохи «а» м а ч р о, харфи «н» в а с л, харфи «д» х у р у ч мебошад.

Чи тавре ки мебинед, дар кофияхои байти боло - «бастанд» ва «нишастанд» баъди харфи равй - «т» боз як садоноку (хдра- кату) ду хамсадо омадааст. Пас, ин кофия кофияи мутлак аст.

Хдрфхои кофияи мукайяд инхоянд: таъсис, дахил, ридф (рид- фи муфрад ё аслй, ридфи мураккаб ё зоид), кайд ва равй. Яъне харфхои кофияи мукайяд ^арфхоеанд, ки хамеша пеш аз равй меоянд. Хрло ба таври мухтасар дойр ба хар кадоми он маълу- мот медихем.

Таъсис калимаи арабист, маънои лугавиаш бунёд гузоштан, асос гузоштан аст. Дар илми кофия яке аз харфхои решагист. Таъсис садоноки дарози «о» («алиф»)-и пеш аз равй буда, хат- ман дар байни он ва равй бояд як хамсадою як садоноки кутох

104

вокеъ шавад. Садоноки «о»-ро барои он таъсис меноманд, ки он асоси кофияро ташкил медихдд, яъне огози харфхои кофия аз хамин харф cap мешавад. Таъсис хдмеша бо харфи дахил меояд, харфхое, ки пеш аз таъсис меоянд, ба решай кофия до- хил намешаванд.

Мисол:Гарчи дарбастам дари мадху газал якборагй,Зан(н) мабар, к-аз назми алфозу маъонй косирам.Балки дар хар навъ, к-аз акрони ман донад касе Хох чузве гир онро, хох куле, мохирам.

(Анварй)Дар ин ду байта Анварй, ки дар бахри Рамали мусаммани

махзуф суруда шудааст, калимахои «косирам»-у «мохирам» кофия, чузви «-осирам»-у «-охирам» решай кофия мебошад. Дар ин решай кофия харфи «о» т а ъ с и с , харфи «с» (дар кофияи дуюм харфи «х») д а х и л , харфи «и» ишбоъ, харфи «р» р а в и и м у т л а к, харфи «а» м а ч р о ва харфи «м» в а с л аст.

Баъзе шоирон такрори таъсисро дар кофияи шеър зарур на- мешуморанд.

Мисол:Ай лаъли чонфизояг накди хазинаи дил,3-он накд нест моро чуз хуни дида хосил.

( Восифй )Калимахои «дил» ва «хосил»-и байти Восифй кофияи онро

ташкил медиханд, калимаи «х о с и л» таъсис дорад, аммо дар калимаи « д и л» таъсис иштирок надорад.

Ашъоре, ки дар кофияхои онхо харфи таъсис истифода шуда бошад, хеле кам аст.

Дахил калимаи арабист, маънои лугавиаш далолаткунанда, баромада; хамрох, шарик аст. Дар илми кофия яке аз харфхои решагиеро гуянд, ки хамеша дар байни т а ъ с и с в а р а в й меояд.

Мисол:Фалак дар сояи барри хавосил Заминро парри тутй кард хосил.

(Абулфараци Рунй)Дар байти боло калимахои «хавосил» ва «хосил» кофия буда,

чузви «-осил» решай кофия аст. Дар ин решай кофия харфи «о» т а ъ с и с , харфи «с» д а х и л , садоноки кутохи «и» и ш б о ъ ва харфи «л» равии мукайяд аст.

105

Аксари шоирони адабиёти классикии форс-точик такрори хдрфи дахилро дар кофия зарур намешуморанд. Агар такрори харфи дахил дар кофияи шеър риоя шавад, онро аз мухассано- ти шеър хисоб мекунанд, зеро таъсир ва охангнокии каломи мавзун зиёд мегардад.

Дахил дар баъзе китобхои адабиётшиносй бо номи х о й и л низ дучор меояд ба ин хотир, ки байни т а ъ с и с у д а х и л гуё чудой афкандааст.

Ридф низ калимаи арабист, маънои лугавиаш паи хам даро- мадан, чизест, ки паси чизи дигар дарояд; тобеъи чизе буда, аммо дар илми к,офия яке аз харфхри решагии кофияро гуянд, ки хаме- ша пеш аз равй меояд. Ридф ду хел аст.

1. Р и д ф и м у ф р а д ё аслй, харфи садоноки дарозест, ки дар кофия пеш аз харфи равй меояд. Ба таври дигар гуем, садо- нок-хои дарози «о», «у», «у», «й» ва «ё» ба вазифаи ридф омада метавонанд.

Мисол:Чашм агар ин асту абру ину нозу ишва ин,Алвидоъ, ай зухду гакво, алфирок, ай аклу дин.

Дар ин байт калимахои «ин» ва «дин» кофия буда, чузви «- ин» решай кофия мебошад. Дар ин решай кофия «и» ридфи муф- рад ва харфи «н» равии мукайяд аст.

2. Р и д ф и м у р а к к а б ё з о и д харфи хамсадоест, ки дар байни ридфи муфрад ва равй меояд. Дар кавли мухаккикони адабиёти классикй, харфхое, ки ба вазифаи ридфи мураккаб меоянд, шаштоянд: «н», «р», «с», «ш», «х» ва «ф». Пас, кали­махои «бохт» бо «тохт», «сухт» бо «духт», «бехт» бо «рехт», «корд» бо «орд», «мост» бо «рост», «дошт» бо «пиндошт», «ёфт» бо «бофт», «куфт» бо «руфт», «фирефт» бо «шефт», «монд» бо «ронд» хамкофияанд ва харфхои «х», «р», «с», «ш», «ф» ва «н» ба вазифаи ридфи мураккаб омадаанд.

Шоире ин шаш харфро ба таври зерин дар риштаи назм ка- шидааст:

Ридфи зоид шаш бувад, ай зуфунун,«Хо»-ву «ро»-ю «син»-у «шин»-у «фо»-ву «нун».

Мисол:Зи шоху зи лашкар саронро бихонд,Сазовор бо у ба ромиш нишонд.

( Фирдавсй)

106

Дар ин байт, ки дар бахри Мутакориби мусаммани максур суруда шудааст, калимахои «бихонд» ва «нишонд» кофия буда, чузви «-онд» решай кофия мебошад. Дар ин решай кофия харфи «о» ридфи муфрад (аслй), харфи «х» ридфи мураккаб (зоид) ва харфи «д» равии мукайяд аст. Такрори ридфи мураккаб дар хамаи кофияхо шарт аст.

Кофияе, ки дар решай он хдрфи р и д ф омадааст, к о ф и я и м у р д а ф меноманд ва дар илми бадеъи классикй яке аз санъатх,ои лафзиро низ м у р д а ф гуянд.

Кайд калимаи арабист, маънои лугавиаш банд, зандир буда, ба маънои истилохй номи яке аз харфхои решагии калимаи кофия аст, ки пеш аз харфи равй омада бошад. Ба таври дигар гуем, тамоми харфх,ои хдмсадои забони тодикиро, ки пеш аз харфи равй омадаанду пеш аз онхо садонокхои кутох чой гирифтаанд, чун кайд истифода бурдан мумкин аст. Масалан, дар калимахои «сард» ва «нард» харфи «р» кайд аст. Мисол:

Манех дил бар ойини даври сипехр,К-аз у гох кин зоиду гох мехр.

Дар ин байт, ки вазнаш Мутакориби мусаммани максур аст, калимахои «сипехр»-у «мехр» кофия буда, чузви «-ехр» решай кофия мебошанд. Дар ин решай кофия харфи «е» х, а з ф, хдрфи «X» к а й д ва хамсадои «р» равии мукайяд аст.

Агар пеш аз харфи кайд садоноки дароз омада бошад, он хам- садоро к а й д не, балки р и д ф и м у р а к к а б меноманд.

Мисол:Рузе зи сари санг укобе ба хаво хост,Аз бахри тамаъ болу пари хеш биорост.

(Носири Хусрав)Дар ин байт (вазнаш - Хдзачи мусаммани ахраби макфуфи

максур) калимахои «хост» ва «биорост» кофия, чузви «-ост»-и харду калима решай он буда, садоноки дарози «о» р и д ф и м у фр а д, хамсадои «с» р и д ф и м у р а к к а б ва харфи «т» р а в и и м у к а й я д аст.

Мувофики таърифи кайд, харфи «с»-и кофияи боло бояд кайд бошад, аммо дар ин чо ба вазифаи ридфи мураккаб омадааст, чунки пеш аз он садоноки «о», яъне р и д ф и м у ф р а д омадааст.

Аксари мухаккикони таърихи адабиёт такрори харфи кайдро дар кофия шарт донистаанд. Факат дар сурате такрори к а й д р о

107

зарур нашуморидаанд, ки агар харфи р а в й бо харфи в а с л часпи- да бошад, яъне дар кофияи мутлак такрори харфи кдйд шарт нест.

Мисол:Навруз даромад, ай Манучехрй,Бо лолаи сурху бо гули хумрй.Мургони забонгирифтаро яксар Бикшод забони сурию ибрй.

( Манучех;рй )Дар ин байтхо (вазнаш - Хдзачи мусаддаси ахраби макбуз)

калимахои «Манучехрй», «хумрй» ва «ибрй» кофия, чузвхои «-хрй», «-мрй» ва «-брй» решай кофия буда, харфи «р» р а в и и м у т л а к , харфи «й» в а с л, харфхои «х», «м» ва «б» кайд мебошанд, зеро харфи равй бо харфи васл пайваст шудааст. Х,арфи кайд дар шеъри форсй-точикй хеле серистеъмол аст.

Рави низ калимаи арабист, аз решай калимаи р и в о гирифта шудааст. Риво ресмоне бошад, ки бо он бори уштурро банданд. Дар илми кофия охирин харфи решагии калимаи кофияро равй меноманд. Пас тамоми харфхои забони точикй - хамсадо ва са- донокхои дароз (ба чуз садонокхои кутохи «а», «и», «у») ба ва- зифаи равй омада метавонанд.

Мисол:Ба ёрони кухан ёрй накардй,Чафо кардй, вафодорй накардй.

(Камол )Дар ин байти Камоли Хучандй, ки дар бахри Хдзачи мусад­

даси махзуф эчод шудааст, калимахои «ёрй» ва «вафодорй» кофия, чузвхои «-орй»-ю «ёрй» решай кофия буда, харфхои «ё» ва «о» р и д ф и м у ф р а д (аслй), харфи «р» р а в й ( р а в й и м у к а й я д), харфи «й» васл мебошанд. Равй ду хел аст:

1. Р а в и и м у к а й я д (ба кайд омада, гирифтор, побанд), равиеро гуянд, ки он бо харфи в а с л начаспида бошад. Яъне кофия бо харфи равй ба охир расидааст.

Мисол:Руят гули сероб нагуем, чй гуем?Он лаб шакари ноб нагуем, чй гуем?

( Камол )Дар ин байт (вазнаш - Хдзачи мусаммани ахраби макфуфи

максур) калимахои «сероб» ва «ноб» кофия, чузви «-об» р е ­ш а й к о ф и я буда, харфи «о» ридфи муфрад (аслй), харфи «б» равии мукайяд мебошад.

2. Р а в и и м у т л а к (комил, пурра, тамом), равиеро гуянд, ки он бо харфи в а с л часпида бошад, яъне баъди харфи равй харфи дигаре омада бошад. Мисол:

Фош мегуяму аз гуфтаи худ дилшодам,Бандаи ишкаму аз хар ду чахон озодам.

(Хофиз)Дар ин байт (вазнаш - Рамали мусаммани махбуни аслам) ка­

лимахои «дилшодам» ва «озодам» кофия, чузви «-одам» р е ш а й к о ф и я мебошад. Дар ин решай кофия харфи «о» ридфи муф- рад (аслй), харфи «д» равии мутлак, садоноки кутохи «а» мачро, харфи «м» васл аст.

Мисолхо:Ай дуст, туро бар сари вактам гузаре нест,Аз холи дили бехабаронат хабаре нест.

( Хасани Деулавй)Ман ба буи ту хавохохи насими сахарам,К-у зи буи ту хабар дораду ман бехабарам.

(Чомй)Ки хайхот, кадри ту нашнохтам,Ба шукри кудумат напардохтам.

( Саъдй)Дар байти якум калимахои «гузаре» ва «хабаре», дар байти

дуюм калимахои «сахарам» ва «бехабарам», дар байти сеюм калимахои «нашнохтам» ва «напардохтам» кофияанд, ки харфи «р»-и кофияи байти якуму дуюм, харфи «т»-и кофияи байти сеюм равии мутлаканд.

Такрори харфи равй дар кофияи шеър шарт аст. Шеъреро, ки дар он харфи равй истифода нашуда бошад, онро шеър намехи- собанд.

Аз харфхои кофия таъсис, дахил, ридф, кайд ва аз харакатхои кофия рас, ишбоъ, хазв, тавчех хамеша пеш аз равй ва васлу хуручу мазиду нойира, мачро ва нафоз баъди равй меоянд.

Азбаски кофия бе харфи равй вучуд дошта наметавонад, ба­рои хамин мухаккикони таърихи адабиёт кофияро аслан аз як харф иборат донистаанд.

Вахиди Табрезй мегуяд:Кофия дар асл як харф асту хашт онро табаъ,Чор пешу чор пас, он нукта инхо дойира.

1 0 8 __________________ .

109

Харфи таъсису дахилу ридфу кайд, он гахравй,Баъд аз он васлу хуруц асту мазиду нойира.

Мисолх,о барои хдрфх,ои кофияи мукайяд:Мисол барои харфи равй:

Тозаву хуррам аст чун рухи ёр Сахни гетй зи рангу буи бахор.

(Имомии Хиравй)Мисол барои таъсис ва дахил:

Биё, ки турки фалак хони руза горат кард,Хилол ид ба даври кадах ишорат кард.

(Хофиз )Мисол барои харфи кайд:

Губори рох шав, то сарврафторон хиром оранд,Бувад то гушаи чашми туро аз хок бардоранд.

(Х о зщ )

СА В О Л В А СУП О РИ Ш ХО

1. Харфи равй чист ва чанд хел мешавад?2. Кадом навъи крфияро крфияи мукайяд меноманд?3. Тафовути крфияи мук;айядро аз крфияи мутлак, фах,монед.4. К^офияи мукайяд аз кадом х,арфх,о иборат аст?5. Дар байти зер кадом навъи к;офия вучуд дорад?

Наврузи бузургам бизан, ай мутриб, имруз,Зеро ки бувад навбати Навруз ба Навруз.

(Манучехрй)6. Х,арфи таъсис бо дахил чй иртибот дорад?7. Кадом х,арфи крфия ба вазифаи равй омада метавонад?8. Ридф чанд хел мешавад?9. Маъних,ои лугавй ва истилох,ии к,айдро гуед.10. Харфи к,айд бо ридфи мураккаб чй муносибат дорад?11. Дар байти зер кадом навъи ридф омадааст?

Рузе зи сари санг укобе ба *аво хост,Аз ба*ри тамаъ болу пари хеш биорост.

110

Б Е Д И Л И Д Е Х Л А В Й

Бедил, маро у;арзасаройшон нест,

Мад^и миру ситоишисултон нест.

ХАЁГ ВА Э Н О Д И ЁТ И БЕД И Л И ДЕХЛАВЙ

Бузургтарин шоир, мутафаккир ва нависандаи забардаст Мирзо Абдулкодири Бедил яке аз он эчодкоронест, ки на танхо ба адабиёти давр, балки ба чараёни минбаъдаи таърихи адаби- ёт низ хамачониба таъсир расонидааст. Бедили Дехлавй соли 1644 дар шахри Азимободи вилояти Банголаи Хиндустон ба дунё омадааст. Баъдхо у дар китъае рочеъ ба санаи валодати хеш чунин ишораи судманд намудааст:

Ба соле, ки Бедил ба мулки зухур Зи файзи азал тофт чун офтоб.Бузурге хабар дод аз мавлудаш,Ки хам «файзи кудс» асту хам «интихоб».

Дар мисраи чахоруми китъаи мазкур, ки моддаи таърих омада­аст, агар адади харфхо тибкд хисоби абчад гузошта шавад, соли 1054 хичрй хосил мешавад. Аз ин сана (1054) 32 тарх карда шавад, 1022 мемонад ва он бо 622 чамъ карда шавад, соли 1644 хосил ме­шавад, ки санаи валодати Бедили Дехлавй мебошад. Абдулкодир ном ва Бедил тахаллуси адабии шоир буда, унвони ифтихории эчодиаш Абулмаъонй мебошад. Бедил ба маънии дилдода, яъне ошик шарх дода шудааст. Падару бобоёни Бедил аз мардумони атрофи Самарканд буда, аз сабаби нобасомонихои авзои таъри- хии Мовароуннахр ба ХинДустон рафта будаанд. Ба таркиби

111

номи хешовандон ва номи худи шоир илова гардидани вожаи Мирзо гувохи он аст, ки нафаре аз ачдоди у сард ори бузург гу- зашта будааст. Гузаштагони Бедил аз тоифаи сипохиён будаанд.

Бедил дар овони тифлй аз падар ятим монда, тарбия ва таъ- лими ибтидоиро аз модар гирифтааст. У дар овони 5-6 - солагй ба мактаб дода мешавад. Бедил дар 7- солагй «Куръон»-ро хифз намуд. Баъдтар илмхои дигари замонаи хеш: сарфу нахви арабй, мантику хикмат, фикху калом, тафсиру хадис, адабиёт, тасаввуфу ирфон ва гайраро комилан фаро гирифтааст. Усто- дони Бедил амакаш - Мирзо Каландар, тагояш - Мирзо Зариф, донишмандону орифони дигар: Шохкосими Х,уваллохй, Шайх Камол, устод Абулкосим, Шайх Фозил ва дигарон будаанд.

Бедил аз мусохибахои ахли илму фазл дар кошонахои Мир­зо Каландару Мирзо Зариф бахраи комил бардоштааст.

Истеъдоди шоирии Мирзо Абдулкодири Бедил дар синни 10- солагиаш ошкор шудааст. Зеро Бедил дар «Чор унсур» хотир- расон мекунад, ки солхои мактабхониаш аллакай шеър мегуф- тааст. У такрибан дар 10-солагй ба яке аз хамсабакхояш ру- боии зайлро бахшидааст:

Ёрам хар гох дар сухан меояд,Буи ачабеш аз дахан меояд.Ин буи каланфур аст, ё накхати гул,Ё роихаи мушки Хутан меояд.

Бедил соли 1665 аз Бихор ба шахри Дехлй меояд.Аз мулки Бихор суи Дехлй Чун ашк равон шудем бекас.

Бедил дар синни 25-солагй хонадор мешавад ва барои касби маош ба хидмати писари Аврангзеб - Аъзамшох ба хайси сипохй ба фаъолият мепардозад. Нафаре аз наздикони Бедил шоир будани уро ба Аъзамшох хабар медихад. Шох Бедилро даъват намуда, аз у хохиш менамояд, ки барояш мадхияе бина- висад. Ин рафтори хоким Бедилро озурда мекунад ва у аз хиз- мат даст мекашад. Аслан Бедил як марди сарбаланд, бовикор, бонанг, худогох будааст, ки мегуяд:

Ай басо маънии равшан, ки зи хирси шуаро Хоки чавлонгахи аспу хари ахли чох аст.В-ай басо нусха, ки дар мактаби гашвиши тамаъ, Русиёхи адаб аз мадхй амиру шох аст.

112

Марчаи маънии ин сустхаёлон дарёб,То бидонй чй кадар фитраташон кутох, аст.Силамуштоки гадотабъ зи мазмуни баланд Гар хама пой дар афлок нихад, дар чох аст.

Мирзо Абдулкодири Бедил баъд ба Акбаробод рафта дар мах,- филхои адабй иштирок менамояд ва бо шоирони хушзавку до- нишмандони замон - Иззат, Зухурй ва дигарон шиносой пайдо мекунад.

Шоир баъдан шахрхои Панчоб, Лохур, Кашмир, Мултон, Сархинд ва гайраро сайр карда, таассуроташро оид ба шахрхои зикршуда дар асари худ «Чор унсур» хеле муфассал баён намуда- аст. Ин сафархо барои шоир як дарси зиндагй буд, чаро ки хоса у тавонист ба хаёти табакахои мухталифи ичтимоии чамъият ши- нос шавад.

Умуман, ин шоири мутафаккир аз нигохи тангии маишй басо танкисихо кашидааст. Бедил хатто то синни 41-солагй манзили истикоматй надоштааст. Баъдтар бо дастгирии дустон шоир со- хиби манзили шахсй мешавад. Зеро ихлосмандонаш ба у аз шах- ри Дехлй хавлии истикоматй ёфта медиханд.

Хдмсари аввалаи Бедил дар синни 38-солагии шоир аз олам чашм мепушад ва у бори дигар хонадор шуда, баъдхо дар синни 64-солагй писардор гардидааст. Дарего, писари шоир дар овони тифлй аз олам гузаштааст.

Шоири мутафаккир поёни рузгори хешро дар шахри Дехлй гузаронида, дар хамон чо, дар синни 77-солагй, яъне соли 1721 вафот кардааст.

Муаллифи тазкираи «Хизонаи омира» - Мир Гуломалихони Озод дар вафоти Бедил китъаи зеринро сурудааст:

Сару саркардаи арбоби сухан Аз гамободи чахон хуррам рафт.Гуфт таърихи вафоташ Озод:«Мирзо Бедил аз олам рафт».

Дар китъаи мазкур модцаи таърих мисраъи чорум аст. Агар кимати харфхои ин миераъ аз руи хисоби абчад дуруст гузошта шавад, соли 1133 хичрй хосил мегардад ва аз он 34 тарх карда шавад, 1099 бокй мемонад. 1099 бо 622 чамъ карда шавад, соли 1721 хосил мегардад, ки он соли вафоти Бедил аст.

113

КУЛЛИЁТИ БЕДИЛ

Шеърам, ки ба сад забон фуруд омадааст,Дар чандин eaKjn он фуруд омадааст.«Таврот» набуд, то бигуям, ки х;амаЯкбора зи осмон фуруд омадааст.

Эчодиёти ин шоири мутафаккир хеле гуногунмавзуъ ва серсоха буда, дар шаклхои назму наср бокй мондааст, ки «Куллиёт»-и уро фарохам меорад. Мухим он аст, ки Бедил аз овони хурдсолй ба корхои эчодй ру оварда, фузун аз 65 сол эчод кардааст.

Таркиби «Куллиёт»-и Бедил дар мачмуъ шомили 65 хазор байт буда чунин аст:

1. Дебоча, 2. Ирфон, 3. Тури маърифат, 4. Нукот, 5. Ишорот ва хикоёт, 6. Рукаот, 7. Чор унсур, 8. Мухити аъзам, 9. Тилис- ми хайрат, 10. Газалиёт, 11. Рубоиёт, 12. Касоид, 13. Китьаот,14. Таркибот ва тарчеот, 15. Ташбехот ва тамсилот.

Девони Мирзо Абдулкодири Бедил, ки дар дохили « Куллиёт»- и у омадааст, аз газалиёт, рубоиёт, касоид, китъаот, таркиботу тарчеот, ташбехот ва тамсилот иборат мебошад. Микдори уму- мии абёти таркиби девони Бедил 37500 байтро ташкил медихад.

Дар девон чои аввалро газалиёт ишгол менамояд, ки микдоран 2165 газал буда, 23 хазор байтро дарбар мегирад.

Яке аз навъхои адабии дигар, ки дар девони Бедили Дехлавй мавкеи намоён дорад, рубой мебошад. Дар девони шоир 3500 рубой дарч гардидааст. Шояд сабаби асосии ба рубой нисбатан таваччух зохир намудани Бедил он бошад, ки дар ин жанр чой додани афко- ри фалсафй, ирфонй - тасаввуфй, ишкй, панду андарзй хеле муво- фику созгор аст.

Мавкеи жанрхои дигари шеърй: касоид, китъот, таркиботу тар­чеот, ташбех,от ва тамсилот, ки дар девон омадаанд, ба мавзуъхои мухталифу масоили гуногун бахшида шудаанд. Аз чумла, ишку ирфон, ситоиши инсон, тасвири манозири олам, масоили фалсафй, хаётй - ичтимой, тарбиявй-ахлокй, адабй - эстетикй ва гайра.

Маснавй дар эчодиёти Бедил мавкеи мухим дорад, ки номгуи онхо чунин аст:

1. «Тилисми хайрат». Нахустин маснавии Бедил буда, соли 1669 таълиф шудааст. Асар аз 3750 байт иборат мебошад ва дар бахри Хдзачи мусадцаси максур ё махзуф навишта шуда­аст, ки афоъили он чунин аст:

114

v ------/ v -------/ V - ~

яъне, мафоъйлун, мафоъйлун, фаъулон. Дар ин маснавии Бедил нуфузи таълимоти мачзубия ба мушохида мерасад.

2. «Мухи I и аыам». Маснавии мазкур соли 1681 таълиф шуда, аз 4500 байт иборат мебошад. Асар дар жанри сокинома навиш­та шудааст ва вазни он Мутакориби мусаммани максур буда, шакли афоъилии он чунин аст:

V — / v — / v — / v ~

Яъне, фаъулун, фаъулун, фаъулун, фаъул. Маснавй дорой хашт боб буда, тасаввуфист ва тасвирхои мачозии асбоби тараб: май, хум, чом, даф, най, чанг, танбур, конун ва гайра дар он мавкеи асосй доранд. Дар асар дойр ба саргузашти симохои тасаввуфу ирфон хикоятхо оварда мешавад.

3. «Тури маърифат». Маснавии мазкур соли 1687 таълиф гар­дида, дорой 1500 байт мебошад. «Тури маърифат» дар бахри Хазачи мусаддаси махзуф ё максур эчод шудааст, ки шакли афоъ- или он чунин аст:

v — / v — / v - ~

Яъне, мафоъйлун, мафоъйлун, фаъулон. Маснавии «Тури маъ- рифат»-ро Бедил «Мактуби манзум» низ номгузорй намуда, онро ба дусти худ, шоиру донишманди муосираш - Шукруллоххон мебахшад. Дар маснавии мазкур асосан кухи Байроти Хиндус­тон ба тасвир гирифта мешавад. Чунончи, шоир мегуяд:

Тапиш фарсуд шавки нолатимсол,Зи тахрики нафас во мекунад бол.Ки хомушй навосоз аст имруз,Fy6opn сурмаву соз аст имруз.Зи тури маърифат маънй сароям,Ба чандин кух менозад садоям.

Шоир манзарахои зебои кухи Байротро дар киёс бо кухи Тур, ки Мусо дар он чо нури Илохиро дидааст, ба тасвир гирифтааст:

Кунун дар кухи Байрот обу рангест,Ки хар сангаш ба дил бурдан фарангест.

4. «Ишорот ва хикоёт». Ин асари Бедил аз мачмуи порахои шеърй, ки дар шакли маснавй таълиф шудаанд, иборат аст. Шеър- хо дар шакли маснавй навишта шуда бошанд хам, дар вазнхои гуногун иншо шудаанд. Хачми умумии абёти маснавй 1300 байт буда, асосан мавзуи асар тасвирхои хеле сершумори табиатро низ фаро мегирад. Масалан, намунае аз ишороти якум:

115

Сахар оина хампардози дил буд,Сафое имтиёзи обу гил буд.Нахустин, ки зи тахкик кардам огоз,Ба рамзи обу хокам чашм шуд боз.Тааммул сарфи кори ину он шуд,Чароги хилвати хар як аён шуд.Нихол аз хоки гулшан дар кафас дошт,Хубоб аз оби худ чуши нафас дошт.Якинам шуд, ки дар хар катра чонест,Нихон дар хар кафи хоке чахонест.

5. «Ирфон» дар мероси адабии Бедил калонтарин асар буда, аз 11 хазор байт иборат аст ва дар шакли маснавй эчод шуда­аст. Санаи таълифи асар соли 1712 буда, дар ин асар шоири мутафаккир ба мухимтарин масъалахои ирфону тасаввуф, ма- соили мухталифи хаёт, конуниятхои рушди чомеа, макоми ин­сон дар хаёт, вокеияти зиндагии пурзиддиятхои инсонй ру овар- дааст. Инчунин, дар он акидахои илмй, фалсафй, ирфонй, та- саввуфй, ичтимой, ахлокии мутафаккир инъикос ёфтаанд, ки басо мухиму арзишманданд. Дар асар зарару офатхои бекорй баён гардида, пешаи кишоварзй, дехконй аз тамоми касбхои дигар афзалиятнок дониста мешавад. Махсусан, дар хикояти «Комде ва Мадан» адолат ва ноадолатй киёсан ба тасвир ги- рифта шуда, бебакоии зулму истибдод нишон дода мешавад.

Маснавии «Ирфон» дорой 10 боб бошад хам, иртиботи ман- тикии бобхо ба мушохида мерасад. Асар асосан акоиди фал­сафй - ирфонй, тасаввуфй, хаётй - ичтимой, ахлокй - тарбиявй ва гайраро фаро мегирад. Аз ин ру, маснавии «Ирфон» барои муайян намудани чахонбинии Бедил, макому мартабаи у дар таърихи адабиёт, хунари шоир дар эчоди маснавй ва умуман пояи суханварии у арзишманду мухим ва чолибу зарурист.

АСАРХОИ НАСРИИ БЕДИЛ

Мирзо Абдулкодири Бедил шоир, файласуф, мутафаккир ва инчунин нависандаи забардаст низ хает. Асархои насрии Бедил макому пояи уро дар рушду тахаввулоти насри адабии ахди таназзули феодализм нишон медихад. Осори насрии Мирзо Аб­дулкодири Бедил низ дар мавзуъхои мухталиф эчод гардида- анд ва онхо низ дар дохили «Куллиёт»-и у омадаанд:

116

Бедил бо чунин унвон бар мукаддимаи девони ашъори худ ба наср навиштааст. Мух,им он аст, ки дар ин асар аз порахои шеърй низ хеле устодонаву огохона истифода кардааст.

Адиби мутафаккир пас аз хамду наът, мохияти каломи бадеъ, равобити шаклу мазмуни бадей, машаккат ва назокати чараёни эчоди бадеъ ва умуман кори эчодй, хусусиятхои эчодиёти хеш, хусусан осори манзум ва коргирй аз мавзуъхои мадхй, хачвй ва гайра бахсхои судманд ба миён меорад.

2. «Никот». Ин асари Бедил насрй буда, дар он аз зикри по- рахои гуногуни шеърй хеле фаровон кор гирифта шудааст. Дар ин асар Бедил акоиди фалсафй, тасаввуфй-ирфонй, ичтимой, тар- биявй-ахлокй, чомеашиносии худро баён намудааст. У барои тах- ким бахшидан ба андешахову акидахои гуногуни худ дар ин асар аз порахои шеърй хеле устодона кор гирифтааст.

Назм хатто нисбат ба наср дар ин асар нуфуз дорад. Аз чумла дар асар бештар жанрхои рубой, мусаммати мухаммас, китъа, газал, фард ё муфрадот истифода шудаанд. Чунончи: «Нукта - Мачоз, яъне олами эътиборро нихоле тасаввур намудан аст, ки тухми он чуз хакикат нест, дар мартабаи нихол аз тухм асло ни­шон натавон ёфт ва хамчунон аз шоху барг хеч натавон шикофт.

Рубой:Ай он ки гахе хилвату гах анчуманй,Пайваста ба вахми гайр оташ фиканй.Найранги дуй боз надорад ин чо,Ман бо ту туам, чунон ки бо ман ту манй.

Асари мазкур барои муайян намудани акидахову чахонбинии Бедил, барои таъин намудани мавкеъ ва пояи адиб дар тахавву- ли насри бадеии асримиёнагии точик арчманд аст.

3. «Рукаот». Рукаот ё номанигорй яке аз жанрхои машхури адабиёти асримиёнагии форс-точик аст, ки дар ду шакл - назму наср дучор мешавад. Санъати номанигорй махсусан дар «Шох- нома»-и Фирдавсй нихоят устодона ва дар гояти фасохату мало- хат ба мушохида мерасад. Аз асри XI cap карда намунахои ман- суру мустакили он зухур мекунад. Шояд асосгузори он Хаким Саноии Еазнавй бошад. Маълум аст, ки дар ин жанри адабй ху­сусиятхои насри адабй, таърихй, фалсафй, ёддоштй дар шаклй омехта низ меояд.

117

«Рукаот»-и Бедил асари иасрй буда, дар он порахои шеърй низ истифода шудааст. Яъне мачмуи номахоест, ки Бедили Дех,- лавй онхоро дар вактхои гуногун ба шахсони ал охи да навиш- тааст. Касоне, ки Бедил ба онхо нома навиштааст, онхо дусто- ну мукаррабон, хамфикрону хамакидахояш, умуман шахсият- хои боэхтироми даврони эчодкоранд. Мактубхо бештар чавобй буда, чавоби номаи нафаре аз хамфикрону наздикони Бедил аст. Мактубхо аз ин ру, арзиши адабй-шархихолй дошта, равобити адабй - эчодй, муносибати шахсиятхо, симохои илмй, адабй, фархангии замони мутафаккирро баён менамоянд. Дар номахо бисёр лахзахои рузгори Бедил, муносибату гуфтор, рафтору равобити у бо муосирон инъикос ёфтааст.

4. «Чор унсур» асари калонтарини насрии Бедили Дехлавй буда, соли 1705 ба табъ расидааст. Ин асар насрй бошад хам, бо порахои шеърй акоиду андешахои муаллиф тахкиму таквият дода мешавад. «Чор унсур» дорой чор боб буда, асосан масъалахои фалсафй, чахор унсурй офариниш: об, хок, бод, оташ, дойр ба рухн мутлак, рухи табиию наботй, хаёвонию инсонй бахс ба миён овар- дааст. Дар асар фалсафаи офариниш, хаёту мамот, камолёбию за- волпазирй, фано ва бако хеле ба тафсил баён карда шудааст.

Гузашта аз ин, асар саршор аз хаводису вокеоти таърихй - лашкаркашихои Шохшучоъ, задухурду кашмакашихои сиёсй, нооромихои даврро фаро мегирад. «Чор унсур» чанбаъхои гуно­гуни холномаи Бедил, мукаррабону дустон, хешовандону пайван- дон, хамсухбатону устодони мутафаккирро низ дар бар мегирад. Дар асар баъзе аз доирахои адабии замон, бурду бохти сухангус- тарони аср, муносибати Бедил бо баъзе аз шоирони муосири худ низ инъикос ёфтааст. «Чор унсур» боз аз он чихат мухим аст, ки дар он оид ба овони хурдсолии шоир, давраи мактабхонй, тахси- ли Мадраса ва то ба охир идома наёфтани тахсили Бедил дар ин таълимкада, хонадоршавии ин симои эчодй ва ба сипохигарй ру овардани у ба тасвир омадааст.

Умуман, аз «Чор унсур»-и Мирзо Абдулкодири Бедил барои бахо додан ба адабиёти асри XVII, ба хусус насри бадей, барои адибони чудогона ва муайян намудани хунари эчодии онхо, бах­ри киёсу тарчехи пояи суханварии суханварон, оид ба сафархои Бедил ва дар мачмуъ, афкори адабию шеваи эчодиаш маълумо­ти арзишманди илмй, адабй ба даст даровардан мумкин аст.

118

ТАРКИБИ ДЕВОНИ БЕДИЛИ ДЕХЛАВЙ

Абулмаонй Мирзо Абдулкодири Бедил асосан дар хдмаи навъхои адабй эчод кардааст. У махсусан дар кадом навъи ада- бие, ки эчод карда бошад, хатман тозакору навовар эътироф шудааст.

Девони у дар дохили «Куллиёт»-аш чойгир буда, 37500 байтро дар бар мегирад. Девони Бедил аз нигохи навъхои адабй низ нис- батан богановат буда, аз газалиёт, рубоиёт, касоид, китъаот, тар- кибот ва тарчеот, ташбехот ва тамсилот иборат мебошад. Навъхои адабии мазкур дар даврахои гуногун эчод карда шудаанд.

ТАХЛИЛИ FАЗАЛИЁГИ БЕДИЛИ ДЕХЛАВЙ

Аз нигохи мавзуъ, мазмуну мухтаво низ девони шоир хеле чолиб буда, асосан ишк (хам ишки ирфонй - тасаввуфй ва хам ишки заминй - байни инсонхо), масъалахои фалсафй - хакимо- на, хаётй - ичтимой, тарбиявй - ахлокй, васфи табиату манзара- нигорй, тавсифи хисоли хамидаи инсонй ва мазаммати кирдор- хои разила, химояи адолату хакикат, танкиди золимон, васфи хирад, илму дониш, маърифату акл, хоксориву фурутанй ва гайраро дар бар мегирад.

Чунон ки каблан ёдовар шудем, дар девони Бедили Дехлавй пеш аз хама, газал мавкеъ дорад. Ба кавли худи у, газалсаро бехтарину тавонотарин эчодкор аст:

Бедил, гухари назм касерост, ки имруз Дар бахри газал завраки андеша давонад.

Албатта, мавзуи марказии газал ишк ва чозибахои калбии инсон, хиссиёту хаячонхои рухй, эхсосоти ниходию сиярй, гала- ёнхои ботинй ва гайра мебошад. Аз ин ру, ишки тасаввуфй - ирфонй дар газалиёти Бедил макоми махсус дорад. Ин ишки чуё буда, аслй хешро мечуяд ва аз ин ру, он маънавиётсоз, та- факурсоз ва давронсоз аст. Аз тарафи дигар, ин ишк инсони комилро ба воя мерасонад, зеро ногузиран ин инсон мархалахои камолотро мепаймояд. Он ворахидан аз олами нафсонй ва пай- вастан ба олами рухонист.

Барои намуна чанд газалеро аз девони шоир хохем санчид, ки дар онхо офаридани мазмун, интихоби мавзуъ, коргирй аз хунари эчод, истифодаи радифу кофия, хусусиятхои вазнй ва гайра то кадомин поя сомон дода шудааст.

119

Чунончи, газали «Чохил аз чамъи кутуб сохиби маънй наша- вад»-ро аз назар хохем гузаронид:

Айш донад дили саргашта парешониро,Нохудо бод бувад киштии туфониро.Ашк дар гамкадаи дида надорад киммат,Аз буии чох барор ин махи Канъониро.Ишк набвад ба иморатгарии акл шарик,Сел аз каф надихад санъати вайрониро.Аз хату зулфи бутон тоза далел аст, ки хусн Карда чатри бадан асбоби парешониро.Бор ёбй чу ба хоки дари сохибназарон,Чини домони адаб кун хати пешониро.Резиши ашки надомат зи сияхкорихост,Лозим аст абри сиях катраи найсониро.Зери гардун натавон гайри касофат андухт,Нохуну муст расо мардуми зиндониро.Лофи озодагй аз ахли фано нозебост,Домани чида чй лозим тани урёниро?Чохил аз чамъи кутуб сохиби маънй нашавад,Нисбате нест ба шероза сухандониро.Нафаси сух та бонд ба тапиш равшан кард,Нест шамъи дигар ин анчумани фониро.Натавон ёфт аз он чилваи беранг cypoi,Магар оина кунй дидаи курбониро.Бозгаште набувад пои талабро, Бедил,Сели мо нашнавад афсуни пушаймониро.

Газали мазкур мукаффо буда, калимахои парешонй, туфонй, Канъонй, вайронй, пешонй, найсонй, зиндонй, урёнй, сухандонй, фонй, курбонй ва пушаймонй хамкофия шудаанд, ки беистисно бо пасоянди ро омадаанд. Хдрфи равй дар калимахои кофия «н» буда, танхо дар вожаи «пешонй» риоя нашудааст. Хуруфи решай кофия дар калимахои кофияшаванда «-ониро» буда, «о»- ридфи муфрад, «и»-васл, «р»-хуруч ва «о» мазид аст. Яъне як унсур (ридф) то харфи равй - «н» ва се унсур (васл, хуруч, ма­зид) баъди равй омадаанд. Аз ин ру, кофияи мазкур мутлак аст.

Газал дар бахри Рамали мусаммани махбуни аслам эчод шу­дааст, ки афоъили он чунин мебошад:

- V — / v v — / V V - - / - -

яъне: фоъилотун, фаъилотун, фаъилотун, фаълун.

120

Аз нигохи мавзуъ, мазмуну мухтаво газали боло ишкй-ичти- мой буда, охднги хеле ка вин андарзй дорад. Дили саргашта - кдлби ошик, нохудо - маллох, бод аст. Парешонии дил - айши он, бод - маллох ходии рохи мурод мебошад. Ашк - Юсуф, чашм-чох ва гиристан - зохиршавии Юсуф буда, ишк - сел; хату зулф - чузъи хусн, ки боиси парешонии ошиканд, хеле хунармандона корбаст шудаанд. Дар ин абёт холати ошик мавриди тасвир карор дорад.

Аз байти 5-ум чанбаи ирфонй кувват мегирад, ки хангоми мушарраф гардидан ба сухбати сохибназарон - пирон, мурши- дон бояд солик сахт одоби шогирдиро риоя бикунад. Агар зар- рае риоя нашавад, ашки пушаймонй рехтан фонда надорад. Тиб- ки назарияи суфихо чахони модцй - зиндон, тан хам барои чон зиндон аст. Аз ин ру, дунёдустй ва танпарварй норавост. Хддаф аз чамъи кутуб фаъолияти амалй накардани ориф аст. Хддаф аз чилваи беранг курб аст, ки он на ба воситаи дидаи зохир, балки ба воситаи дидаи ботин муяссар мегардад.

Ибораи изофии «пои талаб» - хадафи нихой, зеро он бебоз- гашт буда, пазирандаи афсуни пушаймонй нест. Яъне дар рохи расидан ба хадафи нихой пушаймонй чой нахохад дошт. Ориф хеч гох пушаймон нахохад шуд.

Газали дигари шоири мутафаккир, ки бо матлаи зерин шуруъ мешавад, хеле чолибу хунармандона ва маргуб руи кор омадааст:

Маоли28 кор нуксонхост хар сохибкамолиро,Агар мохат кунанд, аз даст нагзорй хилолиро.

метавон онро ба пуррагй зикр намуд, ки то як андоза шарху тах- лили он аз ахамият холй нест:

Рамиданхо зи авзои чахон тарзи дигар дорад,Ба вохат пеш бояд бурд аз ин сахро гизолиро.Ба накши неку бад равшаидилонро дасти рад набвад, Кафи ойина мечинад гули беинфиъолиро.Бисоти гуфтугу тай кун, ки дар анчоми кор охир,Ба хукми хомушй печидан аст ин фарши колиро.Вуболи ранчи пирй барнатобад сохиби чавхар,Чанор оташ занад ночор далки кухнасолиро.Дар ин водй, ки хок аст эътибори чахлу доиишхо,Fy6ope бар хаво дон касри фитратхои олиро.Ба вахдатхонаи дил гайри дил чизе намегунчад,

28 Маол - чои бозгашт, оку бати кор.

121

Бар ин ойина чуз тухмат мадон накши мисолиро.Агар хунсардии дил обёри мазраъат бошад,Чу тухми обила нашъунамо кун поймолиро.Ба чанги агниё домони факр осон намеафтад,Ба чинй хок гардад, то шавад кобил сафолиро.Чй имкон аст, Бедил, муньим аз гафлат бурун ояд,Хучуми хоби харгуш аст яксар шери колиро.

Газали мазкур мураддаф нест, мукаффост. Калимахои сахиб- камолиро, хилолиро, гизолиро, беиифиъолиро, колиро, кухнасо- лиро, олиро, мисолиро, поймолиро, сафолиро хдмкофия шуда­анд. Решай кофия «олиро» буда, хдрфи решагии калимаи кофия ё худ равй «л» мебошад. Яъне; «о» ридфи муфрад ва «и»-васл, «р»-хуруч, «о»-мазид буда, пас аз равй се унсур ва пеш аз равй якто омадааст. Шакли кофия мутлак мебошад. Бояд гуфт, ки дар газали мазкур кофия ба чуз талаботи жанрй, инчунин вази­фаи хушохднгй, равонй ва бештар аз он бори маънибофй, маз- мунофаринй низ мекашад.

Аз нигохи истифодаи вазн ин газал хеле чолибу чаззоб аст. Он дар бахри Хдзачи мусаммани солим иншо гардида, дорой афоъили зерин мебошад:

v — / у — / v - - - / v - - -

яъне, мафоъйлун, мафоъйлун, мафоъйлун, мафоъйлун.Газал аз нигохи мазмуну мухтаво комилан мазмуни ичтимой

дошта, тачрибаи хаёт, хикмати зиндагй, андарзи рузгор бунёди тематикии онро фарохам овардааст. Фалсафаи инкишофи оламу одам ва тачрибахои хасилкардаи инсон асосй онро ташкил на­муда, аз огоз то анчом давом мекунад. Яъне махлук пас аз хадди камол дучори нуксон аст. Пас гизолиро низ гохе метавон касб кард, ки максад сифат аст, яъне рамандагй аз миёни мардум ва тарки дунёву афзал донистани укбо баён шудааст.

Равшандилон истиора буда, киноя аз орифону суфиён аст, ки ба неку бад яксонанд ва ин сифати онхо монанд ба кирдори ойи­на аст, ки зишту накуро яксон инъикос менамояд. Водй ё худ ин водй-дунёи модцй, хок-камарзишй ва фитрати олй-шахсиятхои сохибмаърифат буда, хадафи Бедил бевафоии олам ва Хдкши- носии инсон мебошад. Дил-каъбаи сират ва вахдатхона-хона барои як нафар - Худо, яъне хонаи Худо аст. Аз ин ру, ба чуз худи дил дар у (дар дидаи зохир) чизи дигаре нест.

122

Мунъим - сармоядор, касе, ки умре чуз гановати модцй - тан- парварй чизи дигареро намедонад ва инро Бедил ба ду чиз шабех, донистааст: яке хоби харгуш, дигаре расми шери руи колй ва хддаф аз хар ду монандй гафлатварзй ва бехабарй аз гузашти умр ва газидани ангушти хайрат мебошад.

Умуман, мазмуни газал паймудани марохили камолот ва хушё- риву зиракй дар ин чода ва беш аз он, эхтиёт аз тагофул аст, ки боиси пуштидастгазихо мегардад.

Яке аз мухимтарин хусусиятхои назми Бедил ва аз чумла, газа­лиёти шоири мутафаккир дар он аст, ки у шеъри андеша мегуяд. Аз ин ру, дар гузашта низ пас аз омузиши «Каломи шариф», «Ча- хор китоб», «Девон»-и Х,офиз, баъд ба омухтани эчодиёти Бедил шуруъ менамуданд.

Умуки андеша, пахнои фикр, чавлони тахаюл, санъати во- жасозиву суханорой, дарёфти чузвиёти суварй ва назокати тас- вир танхо хоси хунари эчодии абулмаонй аст. Аз чумла барои ифодаи мушаххастар ба газали зерин ру меорем:

Чашми ту ба холи ман гар ним назар хандад,Хорам ба чаман нозад, айбам ба хунар хандад.То чанд бар он ораз бар рагми нигохи ман Аз халкаи гесуят гулхои назар хандад.Дар кишвари муштокон бепартави дидорй Хуршед чаро тобад? Бахри чй сахар хандад.Дил мечакад аз чашмам, чун абр агар гирям,Чои медамад аз лаълат, чун барк агар хандад.Бо ахли фано дорад хар кас сари якрангй,Бояд, ки ба ранги шамъ аз рафтани cap хандад.Як хандаи у барки бунёди ду олам шуд,Дигар чй бало резад, гар бори дигар хандад?Дар чуй дами тегат ширинии обе хает,К-аз чуши халоватхо захмаш ба шакар хандад.Сомони тараб сахл аст з-ин накш, ки мо дорем,Субх аз ду нафар фурсат бар худ чй кадар хандад?Хар шабнам аз ин гулшан тамхиди гуле дорад,Бо гиря мадоро кун, чандон ки асар хандад.Аз саъйи хавас бигзар, Бедил, ки дар ин гулшан Гул низ агар хандад, аз пахлуи зар хандад.

Газали мазкур мураддаф буда, калимаи «хандад» радифи сода аст ва калимахои назар, хунар, сахар, агар, cap, дигар,

123

шакар, кадар, асар, зар хдмкофия шудаанд. Кофияхои дар газа­ли боло зикршуда мукайяд буда, бо равй (хамсадои «р») ин- тихо ёфтаанд.

Газал дар бахри Хдзачи мусаммани ахраб эчод гардида, афоъ- или он чунин аст:

- - v / v — / - - v / v -----яъне, мафъулу, мафоъйлун, мафъулу, мафоъйлун.

Ч,узъиёти хунари ва дарки маънй вобаста ба маърифати маъ- ноию вазифаи бадеии лафз аст, ки барои дарёфти хадафи эчод- кор мусоидат менамояд. Чунончи, хандидани чашм - назараф- канй, нози хор дар чаману тамасхури айб бар хунар - киноя аз бархамзании гаразхо ва дарки асолати сидк аст. Рагми нигох, гули назар, халкаи гесу... иборахои маъмулй буда, ошик аз наз- зораи чамоли махбуба бенасиб аст, зеро халкахои му чун хичобанд ва ин ба он монанд аст, ки чашми холдор низ аз наззо- ра махрум мебошад. Хддафи аслй висол буда, шиква аз фироку хичрон басо шоирона руи тасвир омадааст. Фано - огози бакост ва нурафкании шамъ - гузаштан аз cap - бакои уст, ки дар вучуди махбуб бакоро мебинад. Хадаф аз тегу чуши халоватхо ибораи рамзии теги нигох аст, ки халовати гуворо дорад, ки киноя аз захми TeF-курбони нигох гардидан мебошад. Дар байтхои мин- баъда низ хадафхои ичтимой матрах шудааст, зеро татбики ор- зуву ниёзхои инсонй, ба кавли шоири мутафаккир, ки сомони тараб, мадоро, тамхид, хавас ва гайра чузъиёти онанд, он гох даст медиханд, ки гановати моддй бошад. Масалан, агар гул дар замири хеш зар (зардии дохили гунча) надошта бошад, намешу- куфад. Яъне аз хандидан махрум аст. Албатта, муроди шоир чахони моддист, зеро ин гулшан хамин маъниро дорад.

Дигар аз нозукихои санъати газалсароии ин мутафаккир он аст, ки чузъиёти лирикии тасвир комилан махсус, вокей, мушах- хас, дастрас, рузгориву табий, хаётианд. У аз чунин ашёву чузъ­иёти табиат тасвирсозиву маъниофаринй мекунад, ки он танхо хоси хунари эчодии Бедил аст. Касе аз пайравонаш дар бароба- ри шоир чой гирифта натавонистаанд. Ё худ саъйи хавас - орзу кардан, ин гулшан - дунёи моддй, пахлу - ба маънии неру, мусоъ- идат дастгирй ва гайра, зар - гарди дохили гул, ки барои нашъу- намояш мусоъидат мекунад.

Яъне, шоир бехбудии сатхи зиндагиро марбут ба дорой ё гано­вати моддй медонад, ки дуруст аст.

Максади адиб дар ин чо он аст, ки дар олами модцй бе гано- вати модцй, бе боигарй зиндагй кардан махол аст. Хдмчунон ки агар гул хдм аз зардии дохили худ махрум бошад, ёрои шу- куфтан намекунад.

Дарёфти максад, дарки маънй, фаро гирифтани хадафи асо- сии шоир дар назми Бедил ва ба хусус, дар газалиёти у тез ва ба осонй даст намедихад. У асосан сарбаста сухангуй мекунад. Маъ- нии шеър, мохияти максади адиб печида аст ва аз ин ру, маънии шеърро тавассути захматхои шабонрузй метавон сарфахм рафт.

Барои мисол ба газали дигари Бедил ру оварда мебинем, ки он аз нигохи хунар, махорату малака, завку истеъдоди шоирй дар кадомин поя карор дорад. Инчунин, газали мазкур ба кадом максад эчод шудааст ва дарки мазмуну мухтаво ва маънии он чй гуна даст медихад.

Чунончи:Аз губори чилваи гайри ту то бастам назар,Чун сафи мижгон ду олам махв шуд дар якдигар.Бастаам махмил ба души яъсу аз худ меравам,Боли парвозй надорад субх чуз чоки дигар.Хидмати муи миёнат то киро бошад насиб,Гулрухонро з-ин хавас зуннор мебандад камар.Вахшати хасрат ба ин камфурсатй махмури кист?Сурати хамёза дорад чини домони сахар.Оламеро аз тагофул рабти улфат додаем,Нест мижгон кобили шероза бе забти назар.Ин таносонй далели вахшати саршор нест,Хар кадар афсурда гардад санг, мебандад камар.Г ар фалак беэътиборат кард, чои шиква нест,Бар халоват бастай дил чун гирех дар найшакар.Сайри рангу бу хавас дорй, зи гул гофил мабош,Шухии парвоз натвон дид чуз дар болу пар,Чанд бояд шуд хавасфарсуди касби эътибор,Мархам, ай гофил, намеарзад ба чандин дарди cap. Манзили саргаштагони рохи ачз афтодагист,То дили хок аст, Бедил, ашкро хадди сафар.

Газали мазкур дорой матлаъ ва мактаъ, тахаллус буда, аз 10 байт иборат аст. Газал радиф надорад ва кофияхои он аз кали­махои зерин: назар, якдигар, чигар, камар, сахар, найшакар, пар, cap, сафар фарохам омадаанд. Решай кофия «ар» буда, «р»

125

хдрфи равй мебошад. Аз сабаби он ки кофия бо равй тамом шудааст ва пас аз он унсури дигаре иштирок надорад, чунин шаклй кофияро кофияи мукайяд мегуянд.

Газал дар бах,ри Рамали мусаммани махзуф эчод гардида- аст, ки афоъили он чунин аст:

- V - - / - V - - / - V - - / - V -

яъне фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун.Дар байти аввал шоир мегуяд, ки ба чуз ту ман аз хама руй

гардонидам ва ду олам барои ман хеч аст. Махмил бастан - ихти- ёри сафар кардан, души яъс - чониби навмедй, аз худ рафтан - нест гардидан ва гайра, ки омадан ба ин чахон омодагй ба чахони дигар (боки) аст. Ин мисли субх аст, ки баробари фарорасй, нест мешавад ва мухлати хастиаш низ хеле кутох, аст. Муи миён - но- зукй, хидмат - омодагй ба кор, зуннор бастани камар - ба хидмат тайёр будан мебошад. Яъне ба умеди шарафёбй ба хидмати мах- буба хама омодаи хизмат хастанд. Вахшат - рамандагй, вахшати хасрат - лахзаи хавасхо, махмур - хуморолуда, хамёза - даханво- чак - кутохии фурсат. Чини домон - харакати босуръат ва гайра. Маънии ин ифодахо он аст, ки умр чунон шитоб дорад, ки хатто кирои орзухову хавасхо намекунад. Ё ин ки: оламе - чахоне, дунё, ки киноя аз инсонхост. Тагофул - гафлат, бехабарй; рабти улфат- низоми хушхолй, шероза - васлкунандаи аврок ё чизи дигар, забти назар - сарфи назар ё боз доштани нигох. Максад он аст, ки бехабарии мо боиси хушхолии дигарон шудааст. Х,олати кахра- мони лирикй холати чашм дар пайкари инсон аст. Агар боз ё пу- шида аст, аз фонда холй нест. Дар холати боз будан мушохида мекунад, мебинад. Дар холати пушидани чашм мижгонхо ба хам меоянду осуда мешаванд.

Ва ё вожахои таносонй - танпарварй, осудагй; далел - аломат, нишонй... вахшат - одамгурезй; саршор - фаровон, бисёр; афсуда гаштан - корношоямй, фарсудашавй, яъне киноя аз кувватгирй ва омодашавй буда, камар бастан бошад сифати хамон тайёрй мебошад. Яъне манзури адиб соликони рохи хак аст, ки онх,о хар кадаре дунёбезору неъматбадбин бошанд, ба хамон андоза омодаву дастандаркоранд. Зеро таносой инсонро ба дунёву неъматхои он пойбанд месозад.

Лафзи халоват - гуворой, ширинй киноя аз нозу неъматхои дунёй; гирех - пардахои дохили найшакар, ки пас аз гирифтани хосил онхо нолозим мешаванд.

126

Максади шоир он аст, ки аз беэътиборй шиква кардан хуб нест, зеро худи шахе гунахкор аст, ки ба нозу неъмат дилбастагй дорад. Яъне шахеи харис - каси беэътибор, хору залил мегардад.

Ифодаи сайри рангу бу - майл ба суи бую ранг, яъне дунё; гул - манбаъ, маншаъ аст, зеро манбаи накхат хамоно гул аст. Шухии парвоз - азми парвоз, бавукуъой, хадафи адиб он аст, ки инсон олами муъчизаосоро набояд зох,ирбинй кунад, мисли он ки чавхари накхат - гул, чавхари олам - Холики он аст. Яъне парвозро хамагон мебинанду медонанд, вале асоси он болу пар аст, ки бе он парвоз номумкин мебошад.

Ё ин ки калимахои хавасфарсуд - дар хасрати чизе умрро сарф кардан; касби эътибор - бообру шудан; мархам - дору; яъне то кай бахри эътибор саъй мекунй? Агар обрую эътибор барои ин­сон мархам бошад, талош бахри он ранч аст.

Нихоят калимаи «манзил» - рохи хадафноки мусофир; рохи ачз - рохи тарикат; хадди сафар - масофаи тайкардаи солик аст. Максади шоир он аст, ки нозукии рохи соликро мисли рохи ашки мижгон медонад, ки хеле нозук мебошад. Хамин ки заррае азм аз низом дур шуд, ба хок афтода нобуд мешавад.

Дигар аз хусусиятхои газалиёти ин симои бузург он аст, ки аз нигохи шакл комилан суннатист, яъне вазн, радифу кофия, теъ- доди абёт, риояи матлаъ ва мактаъ, истифодаи тахаллус ва гайра. Албатта, дар чузъиёти масъалахои шаклй, хусусан чихатхои за- бонй, тозакорихо дорад, вале асосан хунари у дар эчоди маънихо, хадафнокии тасвирхост. Махз хамин сабаб буд, ки Мирзо Абду- лкодири Бедил унвони ифтихории «Абулмаъонй»-ро сазовор гар- дид. Яъне пас аз Саной, Аттор, Хоконй, Ч,алолуддини Балхй, Саъдй, Ирокй, Хусрав, Хофизу Камол, Ч,омй ва бисёр дигарон сохиб гардидан ба ин унвон магар осон аст?!

Аз ин ру, мавзуи газалиёти у хеле бой, серсохаву серпахлу, мухталифу гуногун аст. У махсусан вассофи ишки ирфонй, тар- гибгари фалсафаи ирфону тасаввуф, химоягари адолату адо- латхохй, тавсифгари илми хикмат, хакикату покй, хакчуиву хакгуй ва гайра мебошад.

Дар газалхои у мисли кулли осораш хислатхои хамидаи одамй: эхтироми инсон, бузургдошти илму ирфон, некукорй, ростгуи- ву росткавлй, илмомузй, мехнатдустй, хоксорй, шикастанафсй, дурандешй, сидку садокат, каноатпешагй, сабурй, хотирчамъй ва гайра бо оддитарин чузиёт руи тасвир омадаанд. Баръакс,

127

хислатхои разилаи одами: ноадолатй, кибр, хдсад, бухл, дуруггуй, хавобаландй, инсонбадбинй, мардумфиребй, чохили- ву нодонй, мунофикй, рибохорй, палидй ва гайраро сахт мах- кум менамояд, ки чанбаъхои фалсафй - ичтимоии мавзуи ашъо- рашро ташкил намудаанд. У ба мавзуъхои суннатии газал ру оварда бошад хам, дар чузъиёт тозакорй дорад. Вале тозако- рихои чиддиро Бедил дар маънй, мухтаво ва мохияти масъа- лахо ворид сохтааст.

Дар маркази тематикии ашъори Бедил, ба хусус,газалхои у симои инсон меистад. Шоир тарчехи инсонро нисбат ба дигар махлукот коил шуда, бартарии инсонро дар хиради у, дар фаъо- лияти вай мебинад, шоир тавассути эчоди бадеъ мехохад оламе- ро (инсонхоро) аз гафлат барорад. Аз ин ру, газали Бедил газали андеша аст. Бунёди газалиёти Бедил бар андеша асос ёфтааст. У хатто оид ба макому мартаба, чоху чалоли инсон касидаи чудо- гона дорад, ки метавон чанд байте аз онро зикр намуд:

Ай шамъи базми кудс29, надонам чй мазхарй30,К-аз вахм31 гох равшану гохе мукаддарй32.Гох аз самуми33 кахр чу гулхан пуроташй,Гох аз насими лутф чу гулшан муаттарй.Дар чор рукни34 дахр туй хайрати зухур,Дар хафт бахри чарх35 ту ноёб гавхарй.Гофил зи худ мабош, ки чун шамъи офтоб Икболи хафт махфилу36 нух касри ахзарй.Аз хар шайъе37, ки ахли ту фахмид, афзалй,Аз хар макон, ки фахми ту пай бурд, бартарй.Хар чо нигох меравад, он чо ту рафтай,Хар су хаёл меравад, он чо ту мепарй.Махкуми нафси ин хама дунхимматй чаро,К-андар бисоти кудс ту садриву сарварй.Олам хама мусаххари амри замири38 туст,Ай бехабар, ту аз чй хаворо мусаххарй?!

Бузургдошти инсон нисбат ба кулли мавчудоти руи замин яке аз масъалахои марказии эчодиёти Бедили Дехлавй мебо­шад. Яке аз чихатхои фарккунандаи эчодиёти Бедил низ дар гузориши масъалаи мазкур ва рохи халли он зохир мешавад.

29 Кудс - покй,30 Мазх,ар - зох,иршавй,31 Вах,м - хаёл, 32 Мукаддар - рамгин, 33 Самум-шамоли сузон,34 Рукн - к,исм, 35 Чарх - осмон, 36 Ма^фил - замин,37 Шайъ - чиз,38 Замир - ботин, дил.

128

Азбаски доираи фаъолияти инсон серсеха, худи инсон махлуки басо мураккабтарини мавчудот хает, пас дарки мохияти эчоди­ёти Бедили Дехлавй низ хамин гуна мураккаб аст. Албатта, Бедил газалхое низ дорад, ки дар онхо зебоихои олами мавчу- да, тасвири манзарахо, хусусан чузъиёти фасли бахор, чирмхои самовй ва гайра мавриди тасвир карор дода шудаанд.

ДОСТОНИ «КОМДЕ В А МАДАН»-И БЕДИЛИ ДЕ^ЛАВИ

Достони «Комде ва Мадан» аввалин достони асримиёнагист, ки кахрамонхои марказии он - ошик ва маъшука намояндаи ахли хунар, санъатанд. Ин достон мустакил ё чудогона набуда, дар дохили мас­навии «Ирфон» чой дода шудааст. Аз сабаби он ки соли таълифи «Ирфон» 1712 эътироф шудааст, пас санаи эчоди «Комде ва Ма­дан» низ бояд хамон сол бошад. Достони «Комде ва Мадан» аз 900 байт иборат буда, 10 бобро фаро мегирад. Достон дар шаклй мас- навй буда, дар бахри Хафифи махбуни аслам (баъзан аслами му- саббаг, махбуни махзуф, махбуни максур) таълиф шудааст.

Афоъили он чунин аст:- V — / V - V - / - -

яъне: фоъилотун, мафоъйлун, фаълун ё фаъилунМазмуни достони «Комде ва Мадан» чунин аст: Яке аз шохо-

ни номдори каламрави Хиндустон дар харамсарои хеш бо номи Комде ракдосаи хунарманду хубруе доштааст. Комдеи сохибча- мол бо хунари волои худ, ки дар базмхои шохона барпо мешуд, хамаро мафтуну шайдо ва шефтаву хайратй менамудааст.

Чунончи:Базми шах бе рухаш хузур надошт,Бо хозирон чарог нур надошт.

Овозаи чамоли зебо ва санъати волои Комде оламгир меша­вад ва дар мулки Шимоли Хундустон санъатвари дигаре - Ма­дан ном зиндагию фаъолият менамуд, ки хунёгари бемонанд ва сарояндаи хушеавте буд. Мадан овозаи Комдеро шунида бо як илоче худро ба каламрави Комде мерасонад. Мадан дар як баз­ми шох иштирок намуда, хунарнамой мекунад ва ба хозирин нихоят писанд меафтад ва хунарнамоии Мадан шохро ба хадде мутаассир мекунад, ки шох шадцаи марвориди гаронарзишеро ба Мадан хадя мекунад. Санъати Мадан Комдеро низ тасхир карда буд ва Мадан шадцаи хадяшударо ба Комде мебахшад.

129

Бедил лахзаи мазкурро чунин ба риштаи тасвир кашидааст: К-он чи ман дорам аз сарафрозй,Бех, ки халхоли39 пои худ созй.

Рафтори Мадан боиси газаб гирифтани шох мешавад. Шох амр мекунад, ки Мадан аз шахр бадарга карда шавад ва агар касе ба у рахмхориро раво бинад, ба катл расонида мешавад. Комде бошад дар чазои Мадан худро сабабгор медонад ва аз ин ру, мехохад Маданро бубинад:

Комде хар тараф «Мадан»-гуён,Буд чун ашк аз кафо пуён.Кучахо дод чок бар чигараш,То расонид хешро ба сараш.

Комде ба сифати рншва зару зевари зиёдеро сарф намуда, Ма­данро ба мухлати як шаб халос менамояд ва ошикро ба хонаи худ гирифта меорад. Онхо дар якчоягй аз гардиши айёму аз ночурихои рузгор шиквахо мекунанд. Рузи дигар золимон онхоро чудо наму­да, Маданро ба биёбон бурда, дар он макон уро танхо мегузоранд.

Дар хамон сухбати якшаба Мадан ба Комде гуфта буд, ки дар кадом як гушаи мулки Шимол дарахти мукаддасест, ки инсонро ба мурод мерасонад. Яъне, агар касе он дарахтро пайдо намуда, каме дар сояи он нишинад, ба мурод хохад расид. Ба хамин мак­сад, Мадан он дарахтро чуён мешавад ва аз чумла мегуяд:

Меравам, то ба он дарахт расам,Шояд аз сояаш ба бахт расам.

Лахзаи хайрухуш Мадан ба Комде гуле такдим намуда, таъ- кид мекунад, ки агар гулро хазон бинй, бидон, ки хаёти ман дар хатар аст ва умрам ба поён расидааст. Агар гул пажмурда наша- вад, маро чизе тахдид намекунад.

Мадан он дарахтро пайдо карда, дар сояи он муддате хоб меравад ва хар замон аз Комде ёд мекунад. Аз забони Мадан номи Комдеро хатто паррандагони биёбон низ хифз карда, онхо «Комде»-наво мешаванд.

Чунончи:Вахшу тайри саводи он сахро,Бает минкору лаб зи савту наво.Баски бо созиш ошно гаштанд,Як калам «Комде»-наво гаштанд.

39 Халхол - х,алк,аи тилло ё нук;ра, ки занон барои зинат ба пой мебанданд.

130

Боре шохи мулки Шимол хднгоми шикор гузораш ба чавони парешонхоле меафтад, ки дар биёбон басо афсурдаву хичил аст. Шох, чавонро холпурсй мекунад ва пас аз огохй ёфтан аз холи хеле парешони Мадан, ба у хохиши ёрй расондан пайдо мекунад. Зеро Мадан саргузашти пурмочарои худро ба самъи шох мера- еонад. Шох аз шунидани ин хеле мутаассир гардида, мехохад ба ошикон ёрй расонад. Шохи мулки Шимол ба шохи золим нома навишта, хохиш менамояд, ки барои ба максад расидани оши­кон мусоидат бикунад. Инчунин, боисрор таъкид хам мекунад, ки агар ба кори ошикон монеъ шавад, он гох бо у чанг хохад кард. Вале подшохи золим хохиши шохи одилро рад мекунад. Нихоят, чанг cap мезанад ва дар ин чанг шохи одил пируз мешавад:

Хоки он бевафо ба хун тар шуд,Подшохи Мадан музаффар шуд.

Мадан аз галабаи шохи одил шод гардида, наздик омадани висолро х,ис мекунад. Комде аз х,олати гул киёс мекунад, ки Ма­дан хушхол бояд бошад. Аз холати ошикон шохи одил низ хур- санд гардида, мехохад иродаи Маданро бисанчад. У тавассути суханчине ба Комде мерасонад, ки Мадан дар яке аз лахзахои чанг халок шуд. Комде баробари шунидани ин хабар, аз хуш ме­равад ва шох низ аз кори худ пушаймон мешавад. Зеро хамон шахе хабари холи Комдеро ба шохи одил мерасонад.

Хднгоми ба шох арз намудани саргузашти Комде, Мадан дар хузури шох буд, хабар ёфта у низ аз хуш меравад. Шохи одил аз хазли ночои худ пушаймон мегардад. Шох амр мекунад, ки наса­ди ошиконро ба гармоба гузоранд. Зеро шох бо табибон машва- рат намуда буд. Онхоро ба гармоба мебаранд ва баъди бахудой, онхо хамдигарро дар канори якдигар пайдо намуда, хурсандй мекунанд ва ба хамин тарик, ба мурод мерасанд.

Достон бо хамин хотима меёбад. Албатта, дар адабиёти точик достонхои ишкй-лирикй хеде зиёданд: «Варка ва Гулшох», «Вис ва Ромин», «Хусрав ва Ширин»-хо, «Лайлй ва Мачнун»-хо, «Фарход ва Ширин» ва гайра. Вале дар асари Бедил тозако- рихо фаровон аст. Мухим он аст, ки оптимизми бисёр кавй до­рад. Зеро ках,рамонх,ои асосии он ба максад мерасанд.

Аз тарафи дигар, кахрамонхои марказии достон намоянда- гони ахли хунар мебошанд, ки ба чуз хунари хеш ва хизмат ба мардум, ба сиёсат ва низоъхои дигар сару кор надоранд.

131

Дар ин асари Бедил шохи одил низ рафтори дигар дорад. У бисёр катъй, ниддй ва дустдори хакикату адолат аст. Агар чое ноадолатиеро бубинад, онро то ба охир месанчад ва адолатро баркарору хакикатро пойдор месозад.

Бедил исбот мекунад, ки зулм ва золимй бебако ва сустпоя аст.

ОБРАЗХОИ АСОСИИ ДОСТОН

Дар достони «Комде ва Мадан» образхои асосй ва лахзагй, мусбат ва манфй иштирок менамоянд. Образхои марказии он: Комде, Мадан, шохи кишвари Комде, шохи мамлакати Шимол.

Гои ва хадафи эчодии Бедил. Дуруст аст, ки достони «Комде ва Мадан» достони ишкист ва бо оптимизми бисёр кавй сар- шор аст. Ишки дар ин асар руи тасвиромада дар хама чо ва дар хама холат сахт химоя карда мешавад. Ишки ду дилдода пок, беолоиш, холй аз макру хилла, сидкй, софдилона ва самимй буда, хар ду дилдода хам муборизанд. Онхо тарсу харос аз шоху амиру каси дигаре надоранд. Гузашта аз ин, Комде ва ошики у- Мадан намояндаи як табакаи ичтимоиянд. Онхо сохибхуна- ранд ва хунарашон онхоро машхур кардааст. На Комде ва на Мадан хариси молу чиз нестанд. Онхо барои дороиву молу пул талош намеварзанд. Шох ба Мадан шадцаи марворид инъом кард, вале Мадан дар хузури шох шадцаи марворицро нисори куцуми Комце намуц.

Аз тарафи цигар, бунёци гоявии асарро адл ва адолатхохи- ву доцгустарй фарохам меорац. Албатта, ацлу цоц цар мукоби­ли зулму бецоцй меистоц. Шоир ба ин восита гуфтанист, ки ацлу цоц химоя аст. Мутафаккир асоснок менамояц, ки набояц фи- рефтаи ноацолатихо ва истеъцоцхо шуц. Зеро зулм ва золимй бебако буда, маглубпазиранд ва адлу додгустарй бошад, ши- кастнопазир ва човидонаанц. Бецил бо нишон цоцани цу шох ва усули муносибати онхо хаминро таъкиц карцанй хает, ки шохони чонибцори зулм рохи хаторо интихоб карцаанц. Онхо хатман шикает мехуранц ва аз арсаи таърих мераванд. Онхоро таърих низ бо нафрат ёд мекунац. Вале шохони оцил таърихсо- занд ва мамлакати онхо дарозумру мардумонаш мехнаткарин мебошанд. Тавассути эчоди бацеъ сурат гирифтани образи шохи оцил яке аз вазифахои дарачаи аввали адибони асримиёнагй низ хает. Махз, ана хамин падидаи адабй гояи шохи одилро тавлид карцу ацибон ба таргиби он камар бастанц.

132

ЧАХОНБИНИ ВА АКИДАЛОИ ИНТИМОИ - АХЛОКИИ БЕДИЛ

Маълум аст, ки зери мафхуми чахонбинй системаи фалсафии таълимоти адиби мутафаккир фахмида мешавад. Аз ин нигох,, эчодиёти Бедил ва системаи чахонбинии у бо таълимоти исломи шариф мукобил нест. Зеро у чонибдори таълимоти фалсафаи вах- дати вучуд буда, хадди нихоии он Холик-хастии мутлак ва азалй ва сунъи у махлук-одам чуёи аслй хеш аст.

Аз ин ру, Бедил инсонро хамачониба дар маркази эчод мегу- зорад. Онро хамчун асрори олами сагир ба тасвир мегирад: «Ай шамъи базми кудс, надонам чймах,зарй»... Циёсхое, ки барои маъ- рифати инсон ба кор гирифта мешавад, голибан ба олами модцй тааллук цошта, тачрибагохи он зинцагй, хаёт, рузгор ва табиат аст. Ин аст, ки инсони тасвиркардаи Бедил пайваста дар гиру дор, раду бадал буда, доираи амалиёту фаъолияташ пур аз низоъ, та- зод, мухолифат, бархурд аст. Неруи тафаккур, кудрати аклонй, зехну заковати ин инсон чуё, кушо ва фаъол мебошад. Илму та- дкик, киёсу тарчех,, созандагию ихтироъ мухимтарин сифатхои фаъолияти инсони тасвиркардаи Бедил аст. Хадафи ин инсон: «Оламеро барорам аз гафлат» мебошад.

Гафлат хоси чахони инсонист ва душмани хушёриву зиракии инсон аст. Аз сабаби он ки ин инсон оламеро (чомеъаро) аз гаф­лат азми начотдихй дорад, пас тибки таълимот ва чах,онбинии Бедил, бархурдхои мафкуравй, зиддиятхои ботинй, низоъхои си- ратй ихтилофхои маънавии нихоят ачоиб ва бозёфти шоири му­тафаккир аст, ки боиси кашфи чузъиёти афкори ахлокию фал­сафй ва адабию зебошиносии мутафаккир аст. Бинобар он, ин- хитоту инкирози маънавй ва ё рушду тахаввули он ба огохй ё гофилии инсон сахт вобастагй дорад.

Бедил хам мисли кулли адибони асримиёнагй чонибдори ах- локи хамида ва бархамзанандаи ахлоки разила аст. Зеро ах- локи разила: ришва, зино, дуруг, кибр, катл, фиреб, чахл, газаб, таносой, муфтхурй, хабаркашй, одамбезорй ва гайра боиси за- воли чомеа аст. Ахлоки хамида: инсондустй, росткавлй, вафо­дорй, сабурй, мехнаткаринй, халолкорй, хоксорй, шикастанафсй, иокдоманй, саховатмандй, софдилй ва гайра сабаби болоравии маънавиёти инсон ва чомеа мебошад.

133

Дар таълимоти ахлокии Бедил эчоди бадеъ хамчун ифодага- ри тафаккури инсон - маънавиёти у ва то ба хддди баланди фикрй расидани он дониста мешавад. Ба назари Бедил, донишу илм ирей нест ва на хар кас барои идроки маънй омода мебошад. Ба ин маънй шоир мегуяд:

Рамзошнои маънй хар хирасар набошад,Табъи салими фазлат ирси падар набошад.

Хадафи эчодкор аз казовати мазкур пеш аз хама саъй, чиду чахд ва кушишу харакат низ хает. Бедил чун абулмаъонй офари- ниши маъниро дар эчоди бадеъ дар чои аввал мегузорад. Аз ин хотир, хунари эчодкору тахайюли эчодй чанбаи марказии шеър- ро таъмин менамояд.

Аз ин ру, у ашъори мадхиро хуш надорад ва хатто сахт на- кухиш хам мекунад:

Ай басо маънии равшан, ки зи хирси шуаро Хоки чавлонгахи аспу хари ахли чох аст.В-ай басо нусха, ки дар мактаби ташвиши тамаъ Русиёхи адаб аз мадхй амиру шох асг.Марчаи маънии ин сустхаёлон дарёб.То бидон й чй кадар фитраташон кутох аст. Силамуштоки гадотабъ зи мазмуни баланд Гар хама пой бар афлок нихад, дар чох аст.

Бедили Дехлавй адибонеро, ки истеъдодро хор кардаанд ва хунарро тобеи зар донистаанд, сахт танкид менамояд. Асосй эчоди­ёти онхоро хирсу тамаъ фарохам меораду хадафи онхо аз эчоди бадеъ ба чуз тамаъ ва чоплуей чизи дигаре нест. носазо мегуяд:

Дар лафзи туст маънии кавнайн мундарич,Бахри чй бар хакикати худ пай намебарй?Оби хаёт аз нафасат мавч мезанад,Аммо чй суд, к-аз араки мову ман тарй.Гофил зи худ мабош, ки чун шамъи офгоб Икболи хафт махфилу нух касри ахзарй.Кавну макон гулест ба домони химматаг,Худро агар ихога кунй, чархи дигарй.Олам хама мусаххари амри замири туст,Ай бехабар, ту аз чй хаворо мусаххарй,Аз хеч кас наям силаандеши бешу кам,Маддохи фитратам на Захирам, на Анварй.

134

Албатта, панду ахлок, андарзу насихдт дар таърихи адабиёти форс-точик яке аз мавзуъхои човидона аст. Хатто адибе нест, ки ба ин масъала даст назада бошад. Ба фармудаи Саъдии Шерозй:

Муроди мо насихат буду гуфтем,Хаволаг бо Худо кардему рафтем.

Аз ин ру, хадаф карор додани мавзуъ нав нест, яъне интихоби мавзуъ суннатй бошад хам, маърифат ва рохи халли масъала тозаву нав мебошад. У ба масъалаи ахлоку тарбия назари тоза дорад. Вокеан эчодиёти Бедил инъикоси мархалаи нави эхёга- рии адабиёти точик аст, ки ба конунмандии холати сиёсй-таъ- рихй, ичтимой-ахлокй, фархангй-адабй, фалсафй-эстетикй сахт вобастагй дорад. Равандхои мазкур сараввал чахонбинию маъ- рифати мартабаи инсонро муайян мекард. Ин нахустин асре буд, ки Fap6 сиёсати худро мехост дар каламрави ХинДУстон чорй созад. Яъне бархурдхои мафкуравй низ дар ин давра хеле тезу- тунд гардида буд. Гарб барои пойдор сохтани сиёсати худ чониб- дори хуручи низоъхои мазхабй миёни халкхои ин каламрав буд.

Аз ин ру, Бедил ба макому мартабаи инсон, маънавиёту шуу- ри у, хиссу дарку маърифати шахе таваччухи махсус дорад. Бе­дил чонибдори низоъхои мазхабй нест. Дар таълимоти фалсафии у, ки сарчашмааш ислом аст, Холик офаранда ва махлук офари- дашуда аст. Холик азалй ва човид буда, махлук фонист. Вале дар чанби махлук аъмолу афъоли мутазод нихон аст. Ин аст, ки махлук дорой сифатх,ои нокису комил, каму зиёд, мавзуниву но- мавзунй, шайтониву рахмонй ва гайра аст. Бедил дар робита ба интихоби чанбахои ахлоки хамида ва амали хайр инсонро мух- тор медонад. Инсон метавонад бо рохи нек рафта зиндагии худ­ро бехтар намояд. Хадаф аз омузиши нек сайкал додани шууру тафаккур аст, то инсон тагофул наварзад, гофил намонад.

Ба ин мънй мегуяд:Ман хам аз касби илм хурсандам,Лек бо максадест пайвандам.К-аз усули мадорики хикмат Оламеро барорам аз гафлат.

Аз ин нигох, бурду бохти чамъият натичаи зиракй ё гофилии инсон дониста мешавад. У чонибдори инсони кушо, закй, чуё, сохибмаърифат мебошад, зеро, чунин инсон сохиби истиклоли фикру андеша аст ва метавонад ба максад бирасад:

135

Кавну макон гулест ба домони химматат,Худро агар ихота кунй, чархи дигари! _

Бедил хамчун адиби мутафиккир касидае дорад, ки дар он инсон хамчун махлуки мукаддас васф гардида, худшиносии он сахт таъкид карда мешавад.

Умуман дар ин масъала афкори фалсафй - ичтимоии у хило- фи шариати исломй нест ва Бедил казовати худро дар хамин замина асоснок мекунад. Танхо мутафаккир зохирпарастиро сахт махкум месозад. Масалан, риши аз эътидол берун, саллаи калон, либоси фохирона ва гайра, ки онхо ифодагари маънави- ёту дониш нестанд.

Ахамияти илм. Бедил илмро яке аз роххои халосй аз гафлату чахолат медонад. Беш аз ин илм, шахсро сохиби бахту икбол ме­созад:

То фазлу хунар оинапардоз нашуд,3-икбол даре ба руи кас боз нашуд.Фулод ба охай шараф аз чавхар ёфг,Беилм зи чинси хеш мумтоз нашуд.

Аммо Бедил дар омузиши илм дар чои аввал максадро мегу- зорад, ки хадаф аз чунин шакл гирифтани казоват мухторияти инсон мебошад.

Зиёни бекорй. Кор омили аеосии пешрафт дониста мешавад ва Бедил таъкид мекунад, ки он чи инсон пас аз худ бокй мегузо- рад, самараи кору бори уст. Бинобар он, одамон бояд ба корхои барои умум фоиданоку нафърасон машгул шаванд. Ба шугли бехуда даст назананд ва ба хар коре, ки даст мезананд, натичаи онро андеша кунанд. Зеро дар дунё танхо натичаи фаъолияти инсон макому мартабаи уро муайян намуда, чиз дигаре дар ин дунё наметавонад бахои сазовори шахсияти инсон бошад. Бе­дил махз бо назардошти кору бори инсон нозу неъматхои дига­ри дунёро муваккатй мехисобад:

Аввалу охир он чй шуд маълум,Кору бор аст, мобакй40 - маъдум41.

Таргиби хислатхои хамида. Бедил инсони некукор, хайрхох, илмдуст, ватанпараст, халкдуст, сохибмаърифат, халим, фуру- тану хоксор, ширинсухану нармгуфтор, росткавлу ростгу, ва- фодору устуворро дар эчодиёташ васф мекунад.

40 Мобак,и - он чи бок,и мемонад, 41 Маъдум - адам, нести.

136

Чунончи, инсон набояд фирефтаи дониши худ шавад ва ба кибру гурур руй биёрад:

Харчанд ба дониш аз чахон афзунй,Ё дар пирй муаллими гардунй.Хар гох, ба пеши кас бари хочати хеш,Тифлй ба ту зебад, на афлотунй.

Бедил чонибдори хамбастагию иттифокй, якдилию муттахидй буда, парокандагию нифок, парешониву хусуматро танкид ме­кунад:

Ёрон ба гифок агар кадам мешикананд,Чайши арабу ачам ба хам мешикананд.Аз кудрати итгифок гофил нашавй,Дандонхо сангро ба хам мешикананд.

Ба назари Бедил, химматбаландй чолибтарину накутарин си­фати инсон аст. Агар шахе химмати баланд дошта бошад, хеч душворие наметавонад садди рохи у гардад. У накши хамматро аз тачрибахои хаёту зиндагй хосил кардааст. Аз ин ру, дар ин бора басо дилпурона ва бо боварии том казоват менамояд.

Чунончи:Химмат хар чо беш кунад кореро,Душворй нест хеч душвореро.Якчанд фалохате42 ба кушиш бехад Холй созад зи санг кухсореро.

Дар таълимоти ахлокии Бедил ба химматбаландй, шучоат, мардонагй, диловарй, нотарей, устуворй, далерй, часурй, тавач- чухи хоса зохир карда мешавад:

Дар тачрибагохи одами сулху набард,Химмат халли кадом мушкил, ки накард.

Бедил хислатхои разилаи инсониро сахт махкум мекунад. У ба хусус мардумозорй, чоплуей, золимй, берахмй, чахлу нодонй, харзагуй, танбалй, серхобй, пурхурй, сарватпарастй, кибру гурур ва гайраро танкид мекунад:

Золим пушад либоси хунбофтаро,То зер кунад хасми занбунёфтаро.Бо сангдилон шиори худ сахтй кун,Бардор ба охан очами тофтаро.

42 Фало^ат - кишоварз

137

Тазодхои рузгор, ноадолатихои зимомдорон боиси харобиихалк ва мулк дониста мешавад:

Ай нони ту гарм, аз тафи дилхои кабоб,Аз хичлати зулм боядат гаштан об.То коми ту молида як ангушт асал,Бунёди хазор хона гаштаст хароб.

Арзи чунин охангхои сохти эътирозй низ яке аз хизматхои Бедил аст, ки аз хакгуиву хакчуй ва хакбинии мутафаккир гувохй медиханд.

Дигар аз хидматхои таърихии Бедил дар таърихи эчоди бадеъ аз он иборат аст, ки у ба дифои каломи бадеъ мехезад. Шоир рох намедихад, ки баъзе шуарои тамаъкор суханро хору бекадр ку- нанд. Мамдухони нолоикро ситоиш кунанду силаву инъом ба даст биёваранд. Х,унару кирдори онхоро пешаи шайтонй ва хамкорй бо иблис мехисобад:

Ай, ки таърифи салотин кардай,Машки таълими шаётин кардай.Чист таълими шаётин? - Х,убби чох43 Ай шаётин муршидат44, руят сиёх-

Дар афкори адабй - эстетикии Бедил ба сухан, суханвар ва су- ханшунав таваччухи махсус ба мушохида мерасад. У шоирони маддох - силамуштоконро хоркунандагони калом - гадотаъбон ном мебарад. Онхо имруз сохиби молу сарват ва ганчу неъма- танд ва албатта, ин рузаке чанд аст, вале фардо русиёху дар чохи зулмонианд.

Чунончи:Ай басо маънии равшан, ки зи хирси шуаро Хоки чавлонгахи аспу хари ахли чох аст.В-ай басо нусха, ки дар мактаби ташвиши тамаъ Русиёхи абад аз мадхи амиру шох аст.Силамуштоки гадотабъ зи мазмуни баланд Гар хама пой бар афлок нихад, дар чох аст.

Ин аст, ки у эчодиёти хешро дар мукобили хамин гуна сухан- варон мегузорад ва аз эчодиёташ, ки умре хираду дониш, аклу заковатро сутудааст, ифтихор менамояд. У хушдор медихад, ки аз касе тамаъ накардааст ва нахохад кард ва санги маломатро чониби Анвариву Захири Форёбй хаво медихад ва мегуяд:

43 Х,убби чох, - мансабпарасти, шух,ратпарасти,44 Муршид - пир, шайх.

138

Аз хеч кас наям силаандеши бешу кам,Маддохн фитратам, на Захнрам, на Анварй...

Дустии х а л к л о и каламрави Хиндустон ва умуман парастиши инсон низ яке аз мавзуъхои марказии эчодиёти Бедил мебошад. Махсусан, дар холате ки ачнабиён ба сарзамини Хиндустон рох ёфта буданд ва онхо чонибдори низоъхои мазхабй, нооромии авзои ин кишвар буданд. Аз ин чост, ки мутафаккир хушдор ме­дихад, ки дустй ва хамбастагии мардум воситаи начоти халк ва кишвар ба шумор меравад. Зеро дасисакорон бахри амалй гар- донидани дасисахои хешу гаразхои нихонй ба хар коре кодиранд:

У мреет, ки дар арсаи найранги гараз,Дорад баду нек сулх ё чанги гараз.Г ар рабти45 каломи куфру дин дарёбй,Сози хама кук46 аст ба оханги гараз.

Дар чои дигар шоир холати халкхои кишварро ба даете шабех медонад, ки зери санг мондааст. Яъне хадаф ноилочй буда, чора- андеширо ногузир мехисобад:

Домони тааллуке ба чанг омадааст,К-ин халк ба зиндони фаранг омадааст.Осой натавон кашид монанди нафас,Дасте, ки зи дил дар таги санг омадааст.

УСЛУБ ВА ХУСУСИЯТХОИ БАДЕИИ АШЪОРИ БЕДИЛ

Осори наерй ва манзуми хар як адиб дар кадом асре, ки бо­шад, аз сабки умумии адабй берун нест. Вале истеъдодхо дар таъ­рихи адабиёт тавонистаанд, ки дар чузъиёт тозачуихо кунанд.

Масалан, Рудакй дар асри X, Носири Хусрав дар асри XI, Саной дар асри XII, Низомй дар асри XII, Ч,алолудцини Балхй, Хусрави Дехлавй, Саъдй дар асри XIII, Хофизу Камол дар асри XIV, Ч,омй дар асри XV, хар кадом адибони кашшофанд.

Аз ин нуктаи назар, осори Бедил низ дар заминаи сабки уму­мии давр - сабки хиндй эчод шудааст ва хусусиятхои ин сабкро комилан фаро гирифтааст. Аз тарафи дигар, эчодиёти Бедил, ки онро истеъдоди басо хайратовар руи кор овардааст, дар чузъиёт тозакорихои хеле сершумор дорад, ки хатто сабки уму­мии даврро сарчашмахо сабки Бедили ном ниходаанд. Ба ин

45 Рабт- пайвастаги, робита,46 Кук - мувофиц намудани овозхр дар мусикЯ ^амо^ангй, чур.

139

маънй, то андозае адабиёти беш аз 700-сола чанбаи чамъбастй мегирад, ки ин падидаро худи Бедил, пеш аз хама, х,ис кардааст.

Чунончи, мегуяд:Зи баъди мо на газал, не касида мемонад,Зи хомахо ду-се харфи чакида мемонад.

Зеро хадафи шоир жанри чудогона набуда, умуман, шеър, яъне адабиёт аст.

У шоирест, ки хангоми саррофии сухан хунари хоса зохир ме­кунад. Хатто ашёхои мукаррарии табиат: кух, санг, хок, об, саб­за, дарахт, абру борон ва гайра мохияти махсуси эстетикй меги- ранд ва ба таври хайратовар чаззобу чолиб ва зебову назаррабо мешаванд. Ба ин маънй Бедил мегуяд:

Хар сангпорае, ки фи гад чашми мо бар у,Аз як назар акики Яман47 мекунем мо.

Албатта, ин як хусусияти умуман адабиёт аст, вале адибони сохибистеъдод тавонистаанд дар хунари эчод аз якдигар бар- тарй дошта бошанд. Ин аст, ки Бедил холати эчодро ба дами тег монанд мекунад, ки максуди у гузаштан аз хастии хеш аст. Яъне эчодкор месузад, то бисозад:

Дами тегест, Бедил, рохи борики сухансанчй,Забони хома хам шак48 дорад аз харфофаринихо.

Яке аз чихатхои мухими сабки Бедил дар он аст, ки калимахо, ибораву таъбирхо дар алохидагй фахмо, содда, равонанд, вале дар матн хеле печида меоянд, маънии онхо барои хонанда даст- норас мешавад.

Чунончи, дар ин байт:Гул ба дасту по кй бает имшаб, ки чун ранги хино Бусамунггокон чаманхо зери лаб хун кардаанд.

«Маъшука - менависад устод С.Айнй мавриди тахдили байти мазкур, - ба дасту пои худ гул бастааст, ба ин сабаб бусамушто- кон - ошиконе, ки дасту пои уро бусидан мехостанд, чаманхоро дар зери лаб гирифта - бусида, хун карда ба ранги хино гардон- даанд, то ки маъшука дар вакти ба пою дасти худ гул бастан, шояд гулхои ба ранги хиногардидаи ин чаманхоро банданд ва ба ин восита бусиши ин бусамуштокон хам ба дасту пои у бира- сад». Ин албатта, аз печидагии маъно гувохй медихад.

47 Ак,ик,и Яман - санги к,иматба^ои машх,уре, ки дар Яман х,осил карда мешавад.48 Шак,(к.) - шикоф; чок, шикофта.

140

Ё худ дар ин байт:Хок шуд фитрат ба пасти, лек мижгон бар надошт В-ар на аз мо то ба боми осмон як зина буд.

Дар ин байт шоир фалсафаи халлокияти инсонро дар назар дорад, ки Худо одамро дар бихишт офарид ва аз сабаби он ки чисми у аз олами сифлй буд, тоб оварда натавонист ва агар тоб меовард, то олами такаддус андаке буд.

Мухим он аст, ки санъатхои бадей низ дар шакли нисбатан мураккаб ба кор гирифта мешаванд; ташбехоти мураккаб, му- канно, кинояву мачозхои хеле вахмй, хаёлй, ихому рамзхои нис­батан дастнорас мавриди истифода карор дода мешаванд, ки мохияти онхо на ба хар кас фахмост.

Дигар аз хусусиятхои услубии ашъори Бедил аз он иборат аст, ки у баъзан калимахои нави мураккаб месозад: силамушток, буса- мушток, гадотабъ, рамзошно, хирасар, иктидороханг, чаманку- лох, тарабсаро, хоричоханг, хайратогоз, туфончушй, асарпар- вард, тарахумхирман, саднаргисистонибрат ва гайра, ки аз хис- сахои гуногуни нутк сохта шудаанд, хатто маънии лугавиашон на ба хар кас фахмост.

Забони ашъори лирикии Бедил яксон нест, газалу касидахои у нисбатан мураккаб ва шеваи китъахову рубоиёташ хеле соддаанд.

Барои намуна чанд байт аз як китъаи шоирро зикр менамоем: Ай басо илме, ки аз беилтифотихои халк Дар мизочи маъниогохон хамон мастур монд. Бедимогихои мастон чашми шавке во накард,Мавчи май дар чом махви решай ангур монд. Наргисистонхо ба хайрат хуфтаи бедонншист,Оламе афрухт шамъу хамчунон бенур монд.Г ар касе махрам нашуд андешаи гафлат кирост?Х,усн аз бас бениёзй дошт, номанзур монд.

Дар ин китъа калимаи душворфахм нест ва хатто хонандаи оддй хам маънии онро ба осонй дарёфта метавонад.

Ё худ ифодаи маънии ичтимой дар ин рубой, ки хеле омма- фахму сода аст, далели казовати болост:

Ай гофили имтихон, зи кас карз магир,Х,арчанд расй ба чон, зи кас карз магир.Андухи адо сахт гаронй дорад,Аз фока бимиру нон зи кас карз магир.

141

Вале забони каеидахову газалиёт ва маснавихои Бедил нис­батан мураккабу иечида аст ва худи шоир, «Сайри фикрам осон нест, кухаму кутал дорам»- мегуяд, шояд ба хамин кисмати таъ- лифоти мутафаккир бештар тааллук дошта бошад.

Албатта, баъзан газалхои равону фахмо низ дучор мешавад ва махсусан, ашъори васфиаш, ки ба тасвири бахор, чузъиёти табиат, ситоиши махбуба, баёни хасби хол ва гайра бахшида шудааст, зиёданд. Чунончи, ин газали бахорияро чун намуна метавон зикр намуд:

Чашм во кун, ранги асрори дигар дорад бахор,Он чй дар вахмат нагунчад, чилвагар дорад бахор.Соате чун буи гул аз кайди пирохан баро,Аз ту чашми ошной он кадар дорад бахор.Кахкашон хам поймоли мавчй туфон гаштааст,Сабзаро аз хоби гафлат чанд бардорад бахор.Чашм то вокардай, ранг аз назархо рафтааст,Аз насими субх доман бар камар дорад бахор.Аз хазон оина дорад субх, то гул мекунад,Чуз шикастан нест ранги мо, агар дорад бахор.Абр менолад, к-аз асбоби нишоти ачуман,Хар чй дорад дар фишори чашми тар дорад бахор.Аз гулу сунбул ба назму насри Саъдй конеам,Ин маонй дар «Гулистон» бештар дорад бахор.Му ба муям хасрати захмат табассум мекунад,Хар ки гардад бисмилат, бар ман назар дорад бахор.3-ин чаман, Бедил, на сарве часту на шамшод раст,Аз хаёли коматаш дуде ба cap дорад бахор.

ТАЪСИРИ ЭЧОДИЁТИ БЕДИЛ БА АДАБИЁТИ ТОЧИК

Буломалихони Озод дар «Хизонаи Омира» минависад, ки: «...ахли Багдод забони арабй ва форси - хар дуро медонанд, суфиёни он чо дар мачолиси завк ва самоъ аз забони арабй беш­тар ашъори Ибн-ул-Форизи Мисрй ва аз забони форсй аксар маснавии Носиралй мехонданд. Ин гувохи он аст, ки Носиралй дар кисмати гарбии Эрон ва Бедил голибан дар кисмати шаркй машхур шудаанд».

142

«Таъсири Бедил, - менависад С.Айнй - дар назму наср аз хама чо зиёдтар дар Осиёи Миёна ривоч гирифта ва то Инкилоби ок- тябр давом кард». Вале касе аз пайравон комилан комёб нашу- дааст. Гуё худи Бедил инро хануз дар замонаш хис карда бо­шад, ки мегуяд:

Муддай, даргузар аз даъвии тарзи Бедил,Сехр мушкил, ки ба кайфияти эъчоз расад.

Пайравони Бедил асосан уро дар шакл пайравй кардаанд. Ба мазмуну мундаричаи ашъори Бедил касе ворид шуда ната- вонистааст». Печидагии маъно ва дастнорасии умки андешаву фикр ба он оварда расонд, ки кисми зиёди пайравон сарддил шуда даст мекашидаанд. Бо вучуди он чанд тан аз шоирони точики Осиёи Миёна: Сарир, Сират, Исои Бухорой, Туграл, Асирии Хучандй, Ч,ав\арй Бедилро хеле хуб пайравй карда­анд. Охирин шоири точик, ки ба Бедил нисбатан ухдабароёна таклид кардааст, Зуфархон Ч,авхарии Истаравшанй мебошад, ки 16-уми феврали соли 1945 аз олам гузаштааст.

Дар мадрасахо пас аз китобхои таълимии исломй, аз шоирон аввал Хрфиз ва сонй Бедил омухта мешуд.

Хатто дар бисёр марказхои илмй-адабй: Бухоро, Самар­канд, Хучанд, Истаравшан мактабхои умумии бедилхонй ву- чуд дошт.

С А В О Л В А СУП О РИ Ш ХО

1. Оид ба таваллуд ва овони ч а в о н и и Бедили Дехлавй маълу- мот дих,ед.2. Бедил дар синни чандсолагй ба шеъргуй огоз кардааст?3. Кадом хешовандони Бедил дар камолоти маънавии у сах,м гузоштаанд?4. Бедил ба кадом шах,рх,ои Хиндустон сафар кардааст?5. Сабаби бо Мирзо cap шудани номи шоир ва хешовандони уро шар^ дих,ед.6. Поёни умри Бедил дар кадом шах,р гузаштааст?7. Таркиби «Куллиёт»-и Бедил кадом асарх,оро дар бар гириф- тааст?8. Кадом асарх,ои насрии Бедилро медонед?

143

9. Мазмуну мух,тавои маснавихри «Тури маърифат» ва «Тилис- ми х,айрат»-ро баён кунед.10. Маснавии «Мух,ити аъзам» дар кадом мавзуъ эчод шудааст?11. Калонтарин маснавии шоир чй ном дорад ва мазмуну мух,та- вои онро баён кунед.12. Мазмуни мухтасари маснавии «Комде ва Мадан»-ро нак^ кунед.13. Кадом к,ахрамонхри марказй ва лах,завии маснавии мазкурро медонед?14. Гузориши адлу одилй дар маснавии «Комде ва Мадан».15. Кадом асархри манзуми Бедилро медонед?16. Таркиби «Девон»-и Бедили Дех^авиро баён кунед.17. F азали «Айш донад дили саргашта парешониро» азёд гуед.18. Мазмуни газали «Рамиданх,о зи авзои ч,ах,он тарзи ди­гар дорад»-ро нак,л кунед.19. Газали «Чашми ту ба хрли ман гар ним назар хандад» ба кадом мавзуъ бахшида шудааст?20. Махррати эчодии шоирро дар газали «Аз губори чилваи гайри ту то бастам назар» шарх, дих,ед.21. Дар бораи чахрнбинй ва акриди ичтимоии Бедил чй медонед?22. Назари Бедил оид ба хислатхри х,амидаи инсонй ва мазам- мати ахлок,и разила.23. Услуб ва хусусиятхри бадеии ашъори Бедилро баён намоед.24. Пайравони Бедил дар Мовароуннахр ких,о буданд?

144

АДАБИЁТИ АСРИ XVIII ВА НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XIX

ВАЗЪИЯТИ СИЁСИИ ОСИЁИ МИЁНА

Вазъияти сиёсию таърихй ва ичтимоии Осиёи Миёна дар ни­маи дуюми асри XVIII ва огози асри XIX басо сангину мураккаб гардида, ин холат хднуз аз ахди Абдулазизхони Аштархонй (1645- 1680) ва Субхонкулихон (1680-1702) шуруъ шуда буд. Убайдул- лоххон (1702-1711) кушиши пешгирй намудани онро карда бо­шад хам, натича надод ва худи у ба катл расонида шуд.

Дар замони хукмронии охирин намояндаи хонадони Аштар­хонй - Абулфайзхон (1711-1747) вазъияти кишвар тамоман ха- роб гардид. Зеро ин хоким кариб ба корхои мамлакатдорй ахами- ят намедод. Ин буд, ки хокими Эрон - Нодиршохи Афшор (1736- 1747) соли 1740 ба сарзамини Мовароуннахр хучум карда, кув­вахои Нодиршох бе дидани мукобилияти шадиде ба Бухоро во- рид шуданд.

Дар ин чанг Мухаммадхаким атолик - фиристодаи Абулфайз­хон барои музокирот ба назди Нодиршох низ хиёнат мекунад. У бар нафъи Нодиршох амал менамояд. Писари Мухаммадхаким - Мухаммадрахимбй дар Эрон ба боварии Нодиршох даромада, баъдхо бо бахонаи чанозаи падараш ва кумак ба Абулфайзхон ва зарба задан ба Ибодуллохбй дар Каттакургон ба Бухоро меояд. Дар хакикат, Рахдмбй исёни Ибодуллохбиро шикает дода, соли 1747 Абулфайзхонро дар мадрасаи Мири араб ба катл мерасонад. Ба хамин тарик, охирин намояндаи Аштархонихо аз сафхаи таъ- рих рафта, ба чои ин сулола салтанати Мангитихо cap мешавад.

Рахимхон соли 1754 ба як катор шахрхои Мовароуннахр лаш- кар кашида, дар шахрхои Миёнколот, Шахрисабз, Уротеппа, К,аршй, Ургут, Панчакент, Х,исор ва гайра пояи давлаташро устувор мегардонад.

Рахимхон соли 1758 вафот мекунад ва ба чои у амакаш - Амир Дониёл (1758-1785) ба тахт менишинад. Вале дере нагузашта хоки- мони махаллй мукобили у исёнхо бармеангезанд. Аз чумла, хоки- мони шахрхои Уротеппа - Фозилбй, Шахрисабз - Бекназарбй, Ко­сой - Бутабй, Fy30p - Дусткаробй ва дигарон. Баъди пахши чунин исёнхо, албатта, ахволи мамлакат хеле бад шуда буд. Баъд аз ва-

145

фоти Дониёл (соли 1785) писари у - Шохмурод (1785-1800) сохиби тахт шуд. Ин марди суфимашраб шахсияти одциву хоксоре буда, хатто Давлаткушбегй ва К,озй Низомуддинро дар хузури омма барои гуноххояшон ба катл мерасонад. Дар таърихи сулолаи Мангитихо хукмронии Шохмурод хеле одилона ва дар хадди ин- соф буд. У кариб хамаи хокимони махаллиро иваз мекунад ва мансабдоронро санчида, ба хар вазнфае таънн менамояд.

Амир Шохмурод барои ободонии шахрхои Самарканду Бу- хоро кушиш намуда, пеши рохи бесару сомонихоро то андозае мегирад.

Соли 1800, пас аз вафоти Шохмурод, писари у - Хайдар(1800 - 1826) ба тахт мешинад. Амир Хайдар мударрисй низ мекардааст. Баъд аз вафоти Хайдар писари вай - Насруллох (1826-1860) ва баъди Насруллох писари у - Музаффар (1860-1885) амир мешаванд.

Дар огози асри XIX мисли аминона, мухрона, миробона, ва- килона, мухосилона, хакки тарозу ва гайра навъхои андоз зиёд мешавад. Ин аст, ки дар даврахои гуногуни асрхои XVIII - XIX бисёр исёнхои халкй рух додаанд.

Вазъияти Хуканд. Вобаста ба он ки Нодиршох Хукандро иш- гол накард, ин сарзамин нисбат ба Бухоро ободон боки монд. Хокими ин каламрав - Олимхони Хукандй (1799-1809) низ баъ- зе тадбирхои хуб бахри амнияти кишвар андешида буд. У аз хисоби мардумони кухистони Дарвозу Каротегин ва Шугнон дастаи махсусе созмон дода, даъвии истиклолхохй менамояд.

Ин буд, ки вай Тошканд ва кавмхои казокро, ки дар атрофи он буданд, ба худуди давлати худ медарорад. Пас аз Олимхон бародари у - Умархон (1809-1822) низ сиёсати бародарашро да- вом медихад ва муваффак мешавад.

Умархон Туркистон ва даштхои казокнишинро аз худуди бах­ри Арал то Хафтруд тасарруф намуда, кисми зиёди марказхои казоку киргизнишинро низ сохиб мешавад. Баъд аз Умархон пи­сари вай - Мухаммадалихон (1822-1842) бахри вусъати худуди давлати худ кушишхо намуда, каламрави Дарвозу Каротегин ва Хатто Кулобро ба зери итоат медарорад.

У Уротеппа ва KpniFappo низ тасарруф карда, худуди мамла- каташро хеле вусъат мебахшад. Вале шахсияти амир чандон пи- санди мардум намешавад, зеро вай бештар ба айшу нуш ру мео- рад. Ин буд, ки Амир Насруллох Хукандро забт намуда, Му­хаммадалихон ва модару бародарашро низ нест мекунад. Идо-

146

ракунии Хукандро ба ухдаи Иброхим Хаёл ном хоким мегузо- рад. Хукумати Иброхим дер давом намекунад ва Хуканд боз му- стакил мешавад.

Холоти сиёсии Хоразм низ чандон хуб набуд, зеро миёни хо- нигарихои Хоразму Бухоро ва Хуканд хамеша низоъхо мавчуд буданд. Аз сабаби он ки Марв ба ихтиёри хокими Бухоро зуран дароварда шуда буд, хони Хоразм - Элтузархон ба Бухоро лаш- кар мекашад. Хони Хоразм комилан комёб нашуда бошад хам, вазъияти Бухороро мураккаб намуд. Зеро Хуканд низ як катор шахрхои тобеи Бухороро тасарруф карда буд. Аз чумла, як кис- мати Туркистон, Хдфтруд, Казокистони Чднубй, Шугнон, Дар- возу Царотегин, Вахон ба ихтиёри мири Хуканд даромада буданд.

Умуман, ин кашмакашихои бемаънй ва ин бесарусомонихо холати кишвар ва халки мехнаткашро хеле вазнину ногувор кар­да буданд.

Дар асри XVIII дар каламрави Афгонистони кунунй низ тагй- ироти чиддй ба вучуд омад. Шохи Эрон - Нодиршохи Афшор (1736 - 1747) ба хонигарихои хурд-хурди каламрави Афгонистон хотима гузошта, тамоми худуди хамонвактаи Афгонистонро ба хайати империяи худ дохил намуд. Баъд аз вафоти Нодиршох дар Афгонистон давлати Дуррониён (1747 - 1818) таъсис ёфт, ки асосгузори он Ахмадшохи Дурронй (1747 - 1773) буд. Каламрави он дар хамон вакт аз Машхад то Кашмир ва аз Аму то бахри Араб буд. Соли 1818 давлати Дуррониён пароканда шуда, ба хо­нигарихои хурд-хурд таксим гардид. Аз чумла ба хонигарихои Кобул, Кдндахор, Пешовар, Хирот, ки муктадири онхо Кобул буд. Хокими он - Дустмухаммадхон (1826 - 1863) барои якпор- чагй кушиши зиёд кард, вале хамаи кушишхояш бенатича мон- данд. Зеро англисхо ба ин монеъ шуданд. Соли 1838 армияхои англисхо ва хиндухо ба Афгонистон хучум карда, хукумати Шу- чоъро таъсис доданд, вале озодихохон уро кабул накарданд.

Соли 1842 у ба катл расонида шуд. Соли 1878 армияи 36.000 нафараи англисиву хиндй Афгонистонро боз забт намуд ва ин кишвар расман мустамликаи Англия гардид.

Дар каламрави Эрон бошад давлати Сафавиён, ки аввалхои асри XVI барпо шуда буд, то асри XVIII давом кард. Охирхои асри XVIII Кочорихо ба сари хокимият омаданд ва то соли 1925 хукумат карданд.

Ба хамин тарик, Хиндустон, Эрон, Афгонистон ва Осиёи Ми- ёна зери таъсири сиёсати Россиян подшохй ва Англия монда

147

буданд. Танхо Россия пас аз Инкдлоби Октябр сиёсати худро дар хдмаи самтхои давлатдорй тагйир дод, вале сиёсати мус- тамликадории Англия то миёнахои асри XX идома кард.

\ \ В{ \ В А МАРКАЗХОИ ДДАБЙ

Дар асри XVIII ва огози асри XIX дар таърихи халкхои Осиёи Миёна, сарфи назар аз нобасомонихои давр, чунбиши тозаи адабй зухур кард. Дар ин давра хаёти адабй асосан дар се мар- кази сиёсй - маъмурй ва фархангй-адабй: Бухоро, Хуканд ва Хева (Хоразм) ривоч ёфт. Инчунин, хамин чунбиши адабй на танхо шахрхои зикршуда, балки тамоми каламрави Осиёи Ми­ёна, яъне шахрхои музофотиро хам фаро гирифт. Аз чумла дои- рахои адабй дар Самарканд, Каттакургон, Миёнкол, Шахри­сабз, Хучанд, Уротеппа, Хисор, Кулоб, Кдротегин, Дарвоз, Ба- дахшон ва дигар шахрхо фаъол гаштанд.

Яке аз доирахои адабии бонуфузи ин давра маркази хонигарии Хева-шахри Урганч мебошад. Тафовути ин доираи адабй нисбат ба доирахои дигар он аст, ки адабиёти бадей дар ин марказ голи­бан ба забони узбекй инкишоф меёфт ва осори адабии ба забони точикй эчодшуда нисбатан камтар ба назар мерасад. Дигар хусу- сияти ин хавзаи адабй ин аст, ки бисёр осори бадей ва таърихй аз забони точикй ба забони узбекй тарчума карда шуданд аз чумла: «Тутинома»-и Зиёи Нахшабй, «Хафт пайкар»-и Низомии Ганчавй, «Гулистон»-и Саъдй, «Бахористон», «Юсуф ва Зулайхо», «Сало­мон ва Абсол»-и Абдаррахмони Ч,омй, «Бадоеъ-ул-вакоеъ»-и Зай- нудцини Восифй, «Шоху Дарвеш»-и Хдполй ва гайра. Аз осори таърихй бошад, «Х,абиб-ус-сияр»-и Хондамир, «Равзат-ус-сафо»- и Мирхонд ва аз насри халкй «Чор дарвеш» ба забони узбекй тар­чума шуданд. Дар ин кор сахми сарвари ин мактаби адабй - Муниси Хоразмй басо бузург мебошад.

Аз тарафи дигар, ба ин восита ин марди шариф дустии ха- лкхои точику узбекро таквият бахшида, иртиботи фархангй- адабии халкхои Осиёи Миёнаро мустахакамтар намудааст.

Дигар доираи адабии шухратманд дар он рузгор доираи ада­бии Хуканд ба шумор меравад, ки он дар ахди Олимхони Хукандй (1799-1809) ташаккул ёфта, дар рузгори амир Умар- хон (1809-1822) эътибори хоса пайдо кардааст.

Ба ин доираи адабй аз дигар гушаву канорхо куввахои адабй чамъ омада буданд. Ин албатта, аз нуфузи он шаходат медихад.

148

Абдулкарим Фазлии Намангонй дар тазкираи худ «Мачмуат- уш-шуаро» таъкид мекунад, ки 75 тан куввахои адабй аз дигар чойхо ба ин хавзаи адабй омадаанд. Зеро худи амир Умархон шоир буда, шеъру адабро кадршиносй мекардааст. Хатто аз Бу- хоро адибони чун Умеди Самаркандй, Камоли Бухорой, Ч,унай- дуллохи Х,озик, Шавкй, Вахшй, Муштоки Шахрисабзй, Махзу- ни Самаркандй ва дигарон ба ин доираи адабй омада буданд. Инчунин, баъзе адибоне хам буданд, ки онхоро маддохони амир Умархон гуфтан мумкин аст. Онхо Вазир, Адо, Нола, Маъюс, Афсус, Дабир, Нусрат, Х,отиф, Хичлат, Фазлй ва дигарон бу­данд. Дар ин дойра як гурухи дигари адибон-эчодкорони нисба- тан хакгую адолатчуе низ буданд, ки баъзе нуксону камбудихо- ро руирост мегуфтанд. Ба ин тоифа адибон Гулханй, Махмур, Шухй, Нодир (Узлат), Нозил ва дигарон дохил мешаванд.

Дигар хусусияти хеле мухими доираи адабии Хуканд ин аст, ки адибони хавзаи адабии мазкур шоирони зулисонайн (дузабонй) буда, бо забонхои точикй ва узбекй асар эчод мекарданд.

Яке аз хусусиятхои чолиби доираи адабии Хуканд боз аз он иборат аст, ки ин чо хачв нисбатан кувват пайдо карда буд. Аз адибони хачвгуи ин доираи адабй метавон чандеро номбар кард. Аз чумла Махмуди Махмур, Нозили Хучандй, Гулханй ва монан- ди инхо, ки дар хунари хачвгуй панчаи нисбатан кавй доштанд.

Чунончи, дар хачвиёти Авазмухаммад Нозили Хучандй, ки ба забонхои точикй ва узбекй эчод мекард, камбудихо ва норасоихои замону мухит ошкоро баён карда шудаанд. Аз чумла, баъзе аз хачвияхои адибро метавон зикр намуд: «Дар хачви Иброхими килтамок», «Дар хачви Хакими нонвой», «Хачв дар хакки нар- хари ночинс» ва гайра, ки дар онхо зохиру ботини хачвшаван- дахо, марому хадафи онхо фош карда шудааст.

Хусусияти дигари доираи адабии Хуканд аз он иборат аст, ки дар он бештар таттабуот ё чавобиягуй ривоч гирифта будааст. Ак- сари шоирони ин хавза ба ашъори амир Умар чавобияхо гуфтаанд.

Дигар доираи бонуфузи адабии ин давра доираи адабии Бу- хоро ба шумор меравад. Ин доираи адабй аз солхои 30-юми асри XVIII cap карда нисбатан ба инкирози адабй дучор гардид. Ал­батта, ин вобаста ба авзои сиёсй - таърихии Бухоро ва кашма- кашхои дохилии он буд. Танхо аз солхои 70-уми хамин аср cap карда, вазъият нисбатан ру ба бехбудй менихад. Ин бехбудй дакикан аз давраи ба сари кудрат омадани амир Шохмурод огоз

149

шуд. Дар ин доираи адабй адибон аз хдр шах,ру вилоят гирд омада буданд. Аз зумраи он эчодкорон Мирзосодики Муншй, Мухаммадшарифи Ориф, Абдуррахмонхочаи Носех, Ч,унайду- лохи Х,озик,, Х,асрати Хисорй, Парии Хисорй, Рахими Гармй ва дигарон (беш аз 70 нафар) буданд, ки боиси равнаки адабиёт дар хавзаи адабии мазкур шуданд.

Равнаки адабиёт дар хавзаи Бухоро нисбат ба доирахои дига­ри адабй сусттар буд, зеро хукуматдорони Бухоро ба шеъру адаб чандон рагбат надоштанд. Аз ин ру, доираи адабии Бухоро пеш аз хама, бо он характернок аст, ки адабиёт голибан дар шахрхо ва навохии тобеи Бухоро нисбатан пеш рафтааст. Адибони калам­рави Бухоро бештар дар шахрхои Хисор, Самарканд, Насаф, Шахрисабз, Уротеппа, Каттакургон ва Дарвозу Бадахшон гирд омада, махфилхои адабиро ободу бонуфуз мекарданд. Ба хусус, дар замони хукумати Абдукаримбй ва Яъкуб махфили адабии Хисор нисбатан фаъолтар будааст. Аз шоирони ин доираи адабй Тошхочаи Ирей, Мирзо Олимчони Хасрат, Мулло Рачаби Парй ва дигарон бо Бухоро иртиботи кавй доштаанд.

Навъхои асосии адабй. Дар хар се доираи адабй асосан жан- рхои маъмули адабй тахаввул кардааст. Махсусан газал, мусам­мат, рубой, китъа ва маснавй нисбатан серистифода будаанд. Яке аз жанрхои нисбатан маъмули давр газал ба хисоб мерафт. Газали ин давра суннатй бошад хам, дар мавзуи он андаке охангхои ичти­мой: сузу гудоз, оху нола, фироку хичрон баландтар садо додаанд.

Дар газалхо хасби холи шоирон бештар ба назар мерасад. За- минй намудани сабки газал ва даст кашидан аз услуби печида- баёнй низ мушохида мешавад. Машхуртарин газалсароёни ин давра Мирзосодик, Хрзик, Хасрат, Нозили Хучандй, Музтар, Мирзо Атой Бухорой ва дигарон мебошанд.

Мухаммас хамчун як навъи мусаммат дар ин ахд то ба да­рачае рушд кардааст. Дар ин аср мусаммати мухаммас ва харду навъи он: озод ва тазмин дида мешавад. Бо вучуди он мусам­мати мухаммаси тазмин бештар эчод шудааст. Шоирон ба ашъ­ори Саъдй, Хофиз, Хусрав, Цомй, Хилолй, Соиб, Бедил ва ади­бони зулисонайн ба газалхои Навоию Фузулй бештар мусам­мати мухаммас бастаанд. Махсусан, ба газалиёти Х°физу Бе­дил мусаммати мухаммас бештар мушохида мешавад.

Рубой низ яке аз жанрхои нисбатан маъмули ин давра ба шу- мор меравад. Шоироне, ки барои идома додани суннати рубой-

150

сарой саъй кардаанд, Мирзосодик, Носехи Хатлонй, Шавкй, Нозил, Фано ва дигарон мебошанд. Мухимтарин хусусияти ру- боиёти ин рузгор дар он зохир мешавад, ки дар рубоиёти ин ахд, хусусан дар мисраи чахорум зарбулмасалу маколхои халкй беш­тар истифода шудаанд. Умуман, рубоихои ирсолумасалдор беш­тар дучор мегарданд. Албатта, ин падидаро тамоюли халкияти адабиёт гуфтан мумкин аст.

Китъа хам мисли навъхои дигари адабй дар ин давра нисба­тан тахаввул кардааст. Мукаттаоти адабиёти садаи мазкур аз нигохи хачм низ маъмулй буда, голибан аз ду то 15-17 байтро ташкил додаанд. Аз нигохи мазмуну мухтаво низ китъахои ин ахд андарзй, панду ахлокй, шикваю эътироз нисбат ба режими хукмрон, танкиду мазаммати амирон, золимон ва гайра буданд. Китъахои мадхй, васфй, таърихй низ хеле зиёд мебошанд. Наму­наи комили чунин китъахоро мо дар эчодиёти Мирзосодик, Ч,умъ- акулии Хумулй дучор меоем.

Оид ба бунёди масчидхо, тавлиду вафоти шахсиятхои гуногун ва гайра низ китъахои зиёде эчод шудаанд, ки аз ободии давру замон ва эътибори шахсиятхо гувохй медиханд. Умуман, шои­рон Содик, Носех, Хофиз, Шавкй, Нозил дар тахаввули ин жанр сахми сазовор доранд.

Касида аз маъмултарину машхуртарин навъхои адабии ин давра буда, баъзан конуниятхои рушду тахаввул ва ё пастравию аз инкишоф бозмондани адабиётро таъмин намудааст. Дар охи- рхои асри XVIII ва огози асри XIX касида басо паст рафтааст. Таназзули касида дар ин давра дар мухити адабии Бухоро хеле назаррас аст. Хатто баъзе шоирон, мисли Конеии Насафй, Мирзо Атой Бухорой, Махзуни Самаркандй, Хачрии Дарвозй ва Фо- риги Хис°рй касида нагуфтаанд. Дар девони шоирони тавонои ин давра низ касида хеле кам дида мешавад.

Масалан, дар девони Мирзосодики Муншй танхо ду касида, дар таълифоти Ч,унайдуллохи Хозик ее касида, дар девони Гул- мухаммади Афгон се касида мавчуд аст. Таназзули навъи каси­да гувохи он аст, ки амирони мангит ба равнаки шеъру адаб чандон эътибор намедодаанд ва аз ин ру, ахли адаб низ онхоро ба сифати мамдух намепазируфтанд. Ин падида гувохи он аст, ки адибон аз баёни вокеият дур нашудаанд. Дар каламрави Мовароуннахр нисбатан амир Умархон ба шеъру адаб тавач- чухи бештар дошта бошад хам, вале касидахое, ки дар ин дои-

151

рай адабй эчод шудаанд, такдидй буда, дар онхо тозакорй ва ё чолибияте дар мукоиса бо пешиниён ба назар намерасад.

Чунончи, Хрзик, дар як касидаи хеш хаёли ба хоричи кишвар сафар кардани худро баён намуда, мартабаи эчодии хешро таъй- ин кардааст:

Аторуд аз сари шафкат, ки Хизри рохи ман аст,Намуда хобу хаёли маро чунин таъбир:Ки ай ситамкаши айём, ин кадар гам чист,Зи рузгор чй нишастай чунин дилгир?Туро ба ил му хунар кист дар замонаи адл,Туро ба донишу фан дар чахон кучост назир?Кашида килки ту хате ба нусхаи Букрот,Шикаста гавхари назми ту кадри шеъри Захир.Ба гушае бинишин, сайри олам макун харгиз,Ба холи хеш мадех рох ин хама таъмир,Ту гар нишастай, шеъри ту гашта хаф г иклим,Расида гавхари назмат ба гуши шоху вазир.

Дар ин ахд касоиди хачвй то андозае рушд кардааст, ки баъзе чузъиёти рузгор, нуксону норасоихои даврро инъикос менамояд. Чунончи, касидаи Хозик, ки «Дар х,ацви шоир Цалолй» ном до­рад, намунаи даъвии болост.

Тавонотарин шоирони ин рузгор низ ба шоирони машхури гузашта, аз чумла ба Хусраву Ч,омиву Навой тазмин - чавобия гуфтаанд. Чунончи, Ч,омй гуфтааст:

Кунгури айвони шах, к-аз кохи Кайвон бартар аст, Рахнахо дон, к-аш ба девори хисори дин дар аст.

Аз Навой:Оташин лаъле, ки точи хусравонро зевар аст,Ахгаре бахри хаёли хом пухтан дар cap аст.

Хозик дар чавоби онхо гуфтааст:Подшохонро кучо бар афсаре зарринтар аст,3-оташи савдои хирс он чохи дуде бар cap аст.

Маснавй яке аз жанрхои маъмул дар хама давру замон буда, навъхои чудогонаи он бисёр конуниятхои инкишофу пастравии адабиётро таъмин намудааст. Аз тарафи дигар, адибон на тан­хо дар таълифи анвои лирикй сахм гирифтаанд, балки дар эчоди осори эпикй низ сахм гузоштаанд. Ин аст, ки дар ин давра як силсила осори достонй низ таълиф шудааст. Масалан, Чунай- дуллохи Хозик достони «Юсуф ва Зулайхо», Мирзосодик - «Дах-

152

май шохон», Салох,и Бухорой- «Юсуф ва Зулайхо», Масехои Бойсунй - «Раъно ва Зебо», Мухдммаднабии Ахкар - «Лайлию Мачнун», Носехи Хатлонй- «Мачлисафруз»-у «Х,айратангез» ва «Хадикат-ур-расул» ва гайраро руи кор овардаанд. Ин осор, аз як тараф, анъанаро нигох дошта бошад ва аз тарафи дигар, холати вокеии замони адибонро низ то андозае инъикос наму- даанд. Ин холат, махсусан дар манзумахои «Рафъи тумани Ох,угиру Хайробод» ва «Ба духтаре ошик шудани дарвеш»- и Мирзосодик нисбатан чолиб ба тасвир омадааст.

Ривочи таьрихнависй. Яке аз дастовардхои илму фарханг дар ин асрхо идома бахшидан ба суннати таърихнависй мебошад. Асархои таърихй дар ин давра низ эчод шудаанд ва таълифи ин навъи осор, пеш аз хдма, такозои замон мебошад. Осори таъри- хии садаи мазкур асосан, бо наср навишта шудаанд. Ба тарики намуна метавон чанде аз он асархои мансури таърихиро зикр намуд: «Тухфаи хонй»-и Мухаммадвафои Карминагй, «Точ-ут- таворих»-и Мухаммадшарифи Накй, «Гулшан-ул-мулук»-и Му- хаммадяъкуб, «Мунтахаб-ут-таворих»-и Хочй Хакимхон, «Таъ- рихи амир Хайдар»-и Мулло Мухаммадшарифу Мулло Ибодул- ло ва гайра. Ин асархо, аз як тараф, авзои таърихи давру замон, холати таърихии ин ва ё он давраро равшан кунанд, аз тарафи дигар, конуниятхои рушду тахаввулоти насри таърихиро низ тах- ким бахшидаанд. Инчунин, осори мазкур дар баробари арзиши таърихй доштан, барои тадкики адабиёту авзои адабй ва холати илму фарханг кумаки фаровон мерасонад.

Гузашта аз ин, дар баробари осори мансури таърихй, боз асар- х,ои манзуми таърихй дар ин давра таълиф шудаанд, ки аз чанд чихат мухим мебошанд.

Ин асархо хамчун асари таърихй, пеш аз хама, арзиши таъ­рихй доранд, зеро дар бораи авзои таърихй - сиёсии давр маъ­лумот медиханд. Аз тарафи дигар, ахамияти адабй - эстетикй доранд, зеро бо шеър - бо хунари адабй ва истеъдоди шоирона руи кор омадаанд. То ба имруз аз он осор ду номгуй маълуму дастрас аст, ки яке «Фатхномаи хоконй»-и Абдулхолики Муншй ва дигаре «Футух,оти амир Шохмурод дар Эрон»-и Мирзосо­дик мебошанд.

Ривочи сабки хиндй. Сабки х,индй сеюмин сабк дар таърихи адабиёти точик буда, анъанахои сабкхои хуросонй ва ирокиро чун суннати тарзи таълиф пазируфтааст. Яъне ин сабк хам чахон-

153

бинй, системаи образхо, вокеъоти адабй ва тарзи ягонаи тасвир дар давраи муайян аст.

Аз ин нуктаи назар, заминахои зухури он аз асри XIII ва аник- тараш аз эчодиёти Хусрави Дехлавй огоз гардида, аз се мархала иборат аст. Мархалаи аввали он то асри XVI ва мархалаи сонй асри XVI - нимаи аввали асри XVII буда, ин мархалаи комилан ташаккулёбии он ба шумор меравад. Мархалаи сеюми он аз эчодиёти Бедил ибтидо мегирад, зеро ин падида то ба хадест, ки он бо номи Бедил пайванди ногусастанй дошта, дар адабиёт иборахои «сабки бедили», «услуби бедилй», «тарзи бедили» ва гайра маъмул гаштаанд.

Аввалин унсурй ин сабк чахонбинии нав дар эчоди бадеъ аст, ки эчодкори сухани бадей худро хаким мехисобад, зеро дар эчоди бадеъ он метавонад хадди эътидоли волотарин бошад: «Имруз на шоирам, хакимам...». Мушохидахои эчодкорон низ басо му- чаррабона ва хеле санчидаву дакик гардидаанд, то ба дарди ни- ёзманде дармон бошад. Ба кавли Мирзо Бедил:

Зи пои мур то боли магас сад бор санчидам,Нашуд беэътибори^ои ман санги тарозуе.

Махз, ана хамин дакиккории эчодкорон дар сабки мазкур чанбаи хакимонаи шеърро таквият бахшид. Ин падидаи хаёлан- гезу муассир, ки калбу хиссу идроки инсонро тасхир менамояд, ирсоли масал ё ирсоли масалайн (агар дар байт бошад) аст, ки онро хосили истеъдод, дониш ва тачрибаи эчодкор метавон гуфт.

Яке аз мухимтарин хусусиёти сабки хиндй баёни халкй, тасвир ва ашёву ачзои тасвиршаванда мебошад. Образхои шеърй, тасви- рхо ва чузъиёти тасвиршаванда хама аз рузгори рузмарраи мар­дум аст, вале дарки мохияти ашё на ба хар кас даст медихад.

Масалан, барои намуна як газали шоири тавонои давр Х,усай- ни Донишро метавон зикр намуд:

На махмурам, на мастам - турфа найранги тамошоям, Киёмат нусхаи холам, чунин тафсири симоям.Тазаллум боли парвозам, тахайюр нагмаи созам,На анчомам, на огозам- садои боли анкоям.Саводи нусхаи вахмам, губори сафхаи бахрам,Надорам имтиёзи хастии имрузу фардоям.Хучуми вахшатам, барки тахайюр, вазъи мазмунам, Кучо дар мулки мавхумй сароб афтода хамтоям.Ба чашми дустон хорам, на чуз тахсили гам корам,

154

Намуди ашки хунборам, ки галтон бар замин оям. Далели чавхари фардам, надими мехнату дардам, Нишони орази зардам, аз ин бишнос пайдоям.

Дар газали боло чахор байт мухтавои пурвусъате дорад, ки хадафро мураккабтару доираи тасвирро фарохтар менамояд. «На анчомам, на огозам...» мохияти фалсафй дошта, хадафи эчод- корро дар маърифати пурвусаъттаре руи тасвир меорад.

Умуман, газали зикршуда хасбихолй буда, холати кахрамони лирикиро хеле музтарибона ва хаячонангез ба тасвир гирифтааст.

Дар ташаккули сабки хиндй шоирон Бобофигонй, Урфии Шерозй, Гании Кашмирй, Соиби Табрезй, Толиби Омули, Носи- ралии Сархиндй макоми арзанда доранд.

Масалан, таъсири эчодиёти Толиби Омулй ба шоирони мин- баъда ва махсусан ба Соиби Табрезй хеле зиёд хис карда мешавад. Вале хануз дар ашъори Толиб баён, дар мачмуъ, мураккаб нест.

Чунончи, Толиби Омулй мегуяд:Дур аз ту ранги сабзаву сунбул надидаам,Сад рах ба бог рафтааму гул надидаам.Хубон хазор шева намоянду ман зи ёр То дидаам ба гайри тагофул надидаам.Толиб, забони тутии дехлинажодро Чуз дар дахони булбули Омул надидаам.

Тарзи баёни шоирон тадричан ру ба мураккабй овардан мегирад.Яке аз мухимтарин хусусиёти сабки хиндй дар сохтори байт

низ зохир мегардад. Ин хусусият он аст, ки дар мисраи аввал андешаи шоир ба таври мухокима баён гардида, дар мисраи дуюм бо далелхои бисёр кавй асоснок карда мешавад ва мис­раи дуюм чанбаи катъии хукмро мегирад. Чунончи, ин байтхои Нозими Хиравй:

Баски аз ширинии гуфтор талхй дидаам,Чун забони мор килки тарзабонам мегазад.

Ё худ:Сарафроз аст хуршед аз казои хочати мардум,Ба кори худ калам аз чо чу хезад, сарнагун бошад.

Ё ин ки Гании Кашмирй мегуяд:Одами хокй зи хомй дорад аз май ичтиноб49,Кузаи гил пухта мегардад, наметарсад зи об.

49 Ичтиноб - парх,ез.

155

Ва ё байти зерини Шавкати Бухорой, ки хеле хунармандона аст: Гарики бахри вахдат чилваи касрат намебинад,Зи зери об натвон дид мавчи оби дарёро.

Сабки хиндй дар каламрави Хиндустон ва сонитар дар Мова- роуннахр ва каламрави Афгонистон бештар вусъат пайдо наму­да бошад хам, дар каламрави Эрон чандон хуш кабул нашуда- аст. Хатто яке аз бузургтарин сабкшиносон Маликушшуаро Ба- хор мегуяд:

Сабки хиндй гарчи сабке тоза буд,Лек уро заъфи беандоза буд.Фикрхо сусту тахайюлхо ачиб,Шеъри пурмазмун, вале нодилфиреб.В-аз фасохат бенасиб.

Агар шоирони каблан номбаршуда дар тахаввулоти сабки хиндй сахми арзанда гузошта бошанд, баъдтар симои адабие зу- хур намуд, ки ин раванди адабй, ин чараёни эчодиро ба авчи аъло- яш расонид ва ин корро то ба хадде сомон дод, ки ибораи «сабки бедилй» ба миён омад ва ин тарзи баёни мураккаб ва печидагии баёни эчодиро сараввал худи Бедил хис карда, мегуяд:

Маънии баланди ман фахми тунд мехохад,Сайри фикрам осой нест, кухаму кутал дорам.

Маълум аст, ки эчодиёти Бедил комилан дар мухити Хиндус­тон чараён гирифта, дар хамон чо рушду нуму кардааст. Сабки Бедил, ба хусус, дар асри XVIII, дар каламрави Хиндустон нуфу- зи бузург пайдо намуд. Ин даврае буд, ки сабки хиндй тавассу- ти эчодиёти Бедил хулул шуд ва сабки бедилй машхур гардид. Хатто дар даврони минбаъда шоирон Муншй, Ирей, Парии Хисорй, Ч,унайдуллохи Хозик, Маъдан, Начиби Хиндй, Ходии Самаркандй ва дигарон хеле ва хеле зери таъсири Бедил эчоди­ёти худро ба рох мондаанд.

Чи тарз ва то кадом дарача сурат гирифтани сабки хиндй та- вассути эчодиёти Бедил масъалаи хануз хеле печида аст, вале холо хаминро месазад таъкид намуд, ки дар мураккабшавии саб­ки хиндй Бедил бо истеъдоду дониши кавй, бо хунари эчод ва бо чахонбинии пурвусъат ворид шуд. Ин буд, ки сабки мазкур эчоди­ёти уро натавонист тасхир кунад, вале у тавонист сабки чории замонро ба зери таъсири хеш бигирад ва дар хамин замина тоза- корихо бикунад. Зеро шеъре, ки Бедил дар синни 10-солагй гуф- та буд, хеч мураккабй надошт ва комилан оддиву содда буд:

156

Ёрам хар гах дар сухан меояд,Буи ачибеш аз дахон меояд.Ин буи каламфур аст ё накхати гул,Ё роихаи мушки Хутан меояд.

Баъдтар зери таъсири сабки давр ин тарзи баён чунин ташак- кул намуд:

Хомушнафасе, ки табъи мавзун дорад,Сад гунча бахор аз дили пурхун дорад.Тасхири паризоди сухан осон нест,Ин чо нафаси сухта афсун дорад.

Мухимтарин хусусиятхо дар тадричан мураккаб гардидани гарзи баён дар он зохир мегардад, ки мо дар тарзи баёни афкори адабй-бадей мухокимаи тозаи фалсафй-ирфонй ва мантики хеле кавиро дучор мешавем, ки дарки он на ба хар кас даст медихад. Ин тарзи мураккаби баён дар лексикаи ифодаи фикр низ таъси­ри комил гузоштааст. Аз ин ру, хонанда бештар калимахои худ- соз (яъне хоси худи шоир), мураккабро, ки баъзан аз чор ё панч калима низ сохта шудаанд, дучор мекунад: асарпарвард, паре- шонрузгор, хомушнафас, рамзошно, вусъатобод, силамушток ва гайра. Алокамандона бо калимахои нодир иборахои чолиб низ ба назар мерасанд: адабгохи мухаббат, пахлуи ачз, мехри ашк, паризоди сухан, хуни нафас, рамзошнои маънй, либоси хунбоф- та, хасми забунёфта, хаёли комат ва гайра. Чунончи. ба ин газа­ли Бедили Дехлавй агар зехн монда шавад, хунари шоир дар интихоби лафз, чавобгузории калимахо, коргирй аз нахв, инти­хоби вазн, истифодаи кофия, радиф ва беш аз инхо, мазмунсо- зиву хаёлбофй ва гайра бехтар манзур мегардад:

Хирс фурсагинтизору даври ранг аст осиё,Дил зи навбат чамъ кун, пур бедиранг аст осиё.Саъйи рузй бо банои беамон чушидан аст,Бештар дар гардиш аз боди туфанг аст осиё.Як надомат50 кори чандин донаи дил мекунад,Гар тавонй даст бар хам суд, нанг аст осиё.Аз ману мо хар чй андузй, гудози нестист,Ошики ин хирмани оташбачанг аст осиё.Санг хам ойинаи тахкик сайкал мезанад,Умрхо шуд дар талоши рафъи занг аст осиё.

50Надомат - пушаймони, афсус.

157

То киёмат гардиши афлок дар кор асту бас,Кас иафахмид он, ки мегардад, чй ранг аст осиё. •То нафас бокист, гирди ризк мегардида бош,Об чун вомонад аз рафтор, ланг аст осиё,Зери гардун ноумеди амн то кай зистан?Донахо з-ин чо бурун оянд танг аст осиё,Осмон хам то кучо дар фикри мардум таг занад?Баски рузихор бисёр аст, данг аст осиё.Не заминат офиятгох аст, не чархи баланд,То чй хохй тарф бает? Охир дусанг аст осиё Бедил, аз гардун саломат чашм натвон доштан, Алвидоь, ай дона, гу: коми наханг аст осиё.

Дар газали зикршуда аз нигохи корбурди калимахо алфози хоси сабки Бедил ба назар мерасанд, ки худ яке аз хусусиятхои шеваи эчоди ин шоири тавоност. Масалан, калимахои фурсатинтизор, оташбачанг, офиятгох ва ё иборахои даври ранг, боди туфанг, до- наи дил, гудози нестй, ойинаи тахкда, ноумеди амн ва монанди инхо, ки дар чунин шакл миёни мардум маъмулу чорй нестанд.

Газал мохияти ичтимой дошта, хадаф нафеи инсон ва хари- си и у бахри аз дунё хосил намудани фонда буда, саъйи ба даст овардани суд мушкил аст. Кибру гурур бечост ва инсон бояд пай­васта дар талоши ризку рузй бошад, зеро бе ин мисли он мебо­шад, ки сангхои осиё беоб хечанд.

Умуман, инсон ба донахои гандум ва дунё ба осиё монанд кар­да шудааст, ки аз нигохи хунар ва бадеиёт хеле чолиб мебошад.

Асрори эчоди Бедил барин хайкали бузурги назм, албатта, то ба имруз нокушудаву пинхон аст, вале ин чихат рушан аст, ки таъсири Бедил ба асри худ ва эчодкорони минбаъда нихоят бузург аст. Хусусан ба эчодиёти Шохин, Савдо, Асирй, Хай- рат, Рахматуллохи Возех, Накибхони Туграл, Зуфархон Ч,ав- харй таъсири мактаби Бедил хеле хуб мушохида мешавад. Ада- биётшиносон Зуфархон Ч,авхариро охирин намояндаи мактаби Бедил дар Осиёи Миёна гуфтаанд, ки вокеан сахех аст. Мухаб- бате, ки ба эчодиёти Бедил адибони каламрави Мовароуннахр доштанд, дар дигар кишвархо то ба ин хад набудааст.

Масалан, Накибхони Туграл мегуяд:Баланд аст аз фалак маъвои Бедил,Набошад хеч касро чои Бедил.Намоям тутиёи дидаи хеш,Агар ёбам губори пои Бедил.

158

Надидам аз сухангуёни олам Касеро дар чахон хамтои Бедил.Агар кух аст, бошад Тури Сино В-агар дарё бувад, дарён Бедил.Дили афлокро созад мушаббак51 Ливои химмати волои Бедил,Ба мижгон метавонам кард берун,Агар хоре халад дар пои Бедил.Намеёбам кунун холй диламро Замоне аз гаму савдои Бедил.Кабои атласи нух, чархи гардун Бувад кутох бар болои Бедил.Ба рифъат52 бартар аст аз кух, Туграл,Ч,аноби хазрати Мирзои Бедил.

САВОЛ ВА СУПОРИШ^О

1. Дойр ба вазъияти сиёсй-таърихии Осиёи Миёна дар охири асри XVIII ва аввали асри XIX чй медонед?2. Дар ин давра кадом сулолаи таърихй хукмронй мекард?3. Сабабхри бечанг ба Бухоро ворид гардидани Нодиршох,и Афшор чй буд?4. Сулолаи мангитих,о кай ба сари куцрат омад ва дар ин дав­ра кадом тагйирот рух дод?5. Сабабхри таназзули хукмронии амир Дониёлро гуед.6. Айёми салтанати амир Шох,муродро нак/i кунед.7. Дар хусуси муносибат ва рак,обатх,ои хонигарих,ои Осиёи Миёна, Афгонистон ва Эрон чй медонед?8. Дойр ба марказхри фарах^нгй-адабии ин давра маълумот дих,ед9. Умумият ва тафовути доирахри адабии давраи мазкурро шарх, дих,ед.10. Кадом хусусиятхри адабиёти ин давраро медонед?11. Кадом навъхри адабй дар ин давра бештар ривоч ёфтаанд?12. Машхуртарин шоирони газалсарои даврро номбар кунед.13. Инкишофи маснавй ва маснависароёни машхури ин ахдро гуед.14. Оид ба ташаккул ва такомули сабки х,индй маълумот дих,ед.15. Чаро шоирони ин давра ба пояи Бедил расида натавонис- таанд?

51Мушаббак - сурохдор, сурох - сурох, 52Рифъат - бузурги, баланди.

159

М И Р З О С О Д И К И МУ Н ШЙ

Таърихи чах;орбоги гулгункардам,

«Себе» зи «чах^орбог»«берун кардам».

М ирзо Мухаммади Содики Мунши такрибан байни солхои 1753-1758 дар дехаи ЧонД°Ри Бухоро таваллуд шудааст. Пас аз тахсили ибтидой Мирзосодик ба яке аз мадрасахои Бухоро дохил шуда, онро бомуваффакият хатм менамояд.

Шоир пас аз хатми Мадраса хамчун донишманди закй, олими тавоно, муаррихи пухтакор ва котиби чирадаст эътироф карда мешавад. Муосири Мирзосодик, шоири закй Носехи Хатлонй ба табъу санъати Содик чунин бах,о медихад:

Хусусан Муншии маънимувофик,Сипехри назмро субх аст Содик.Кунад тахрири иншо ои гухаррез,Калам гардад саропо найшакаррез.

Содик хамчун шоир ва олими забардаст тез машхур меша­вад. Уро ба зуддй шохони мангитй ба дарбор даъват мекунанд. Содик дар дарборхои амир Дониёл (1758-85), амир Шохмурод (1785-1800) ва амир Хайдар (1800-1826) хидмат намудааст. Содик баробари дафтардорй ва муншигй, инчунин ба мадхй амирони мазкур камар бастааст. Аз баъзе ишорахояш маълум мешавад, ки Содик аз хидмати дарбор чандон хурсанд набудааст.

Чунончи:Г ах мадхй яке зи нафси томеъ кардам,Гах кадхи яке беманофеъ кардам.Шуд умри азиз сарф бо нокасу кас,Афсус, ки накди умр зоеъ кардам.

160

Содик хеле шахси хозирчавоб будааст. Рузе у хамрохи амир Шохмурод дохили чорбог мешаванд. У аз он чо себе мечинад ва амир фавран аз шоир талаб мекунад ки таърихи чахорбогро иншо кунад.

Содик мегуяд:Таърихи чахорбоги гулгун кардам,«Себе» зи «чахорбог» «берун кардам».

Дар ин байт калимахои «себе» ва «чахорбог», ки мутаноси- банд, таърих буда, вожаи «чахорбог» ба хисоби абчад 1212 ме­шавад. Аз он се «б»-ро берун кунем, яъне шашро тарх кунед, 1206 боки мемонад, ки он ба соли 1792 м. баробар буда, таърихи би- нои чахорбог аст.

Баъдтар Мирзосодик бо игвои хасудон ба Дарвоз бадарга кар­да мешавад. Дар ин бора баъзе ишорахои худи шоир низ гувохй медихад. У ба хокими дарвоз Мухаммад Рахимхон ду касида бах- шидааст, ки дар яке аз онхо чунин ишорахои шархихолй дида мешавад:

Намуда нафъи ватан омадам суи Дарвоз,Ки то зи худ кунам исботи фикри султонй.Зи гарди рохи Мухаммадрахим Баходурхон Ба чашми бахт кунам сурмаи Сулаймонй.

Аз ин казоват бармеояд, ки дар пиронсолй шоир ба ин калам- рав бадарга гардида будааст. Шоир баъдтар ба амир Хайдар маъзаратномае навишта дар он ёд мекунад, ки синнаш аз 63 гу- зашта ва то ин муддат хидматхои арзандае ба дарбор кардааст. Вале акнун дар айёми пирй уро аз дарбор дур кардаанд. Пас аз ин у ба ватан меояд ва соли 1819 дар Каршй вафот мекунад.

Дар ин бора хамасри у Хумулии Могиёнй бахшида ба санаи вафоти Содик китъаи таърихе эчод намудааст:

Умри гузарон далели мо бас, ки хаким Аз оби равон хаёти куллу шаъй кард.Аз чоми фалак касе, ки як нуш кашид,Сад неши ситам нишонааш аз пай кард.Муншии фалак чаноби Мирзосодик,К-абнои замона офарин бар вай кард.Бигзашт чун аз хаёт дар таърихаш:«Муншии кадар номаи умраш тай кард»Содик ба сухан, Хумулй, он Хусрав буд,К-аз Хинд сипохи фатхи руму Рай кард.

161

Яъне «Муншии кадар номаи умраш тай кард» моддаи тарих буда, ба х,исоби абчад 1235 (соли 1819/20) мешавад.

МЕРОГИ АДАБИИ МИРЗОСОДИК

Олими фозил, муаррихи шинохта, муншии мумтоз ва нихоят шоири тавоно Содик аз худ девон ва мачмуаи дигаре бокй гу- зоштааст. Яъне девони газалиёт ва дигаре мачмуаи мусаммати мухаммас, китъа ва маснавихои у мебошад. Девони газалиёти Содик аз 345 газал, 14 мусаммат, 59 рубой, 20 китъа, 2 касида, 34 муаммо ва 20 фард иборат мебошад. Мачмуаи дигари асарх,ои шоир, маснавихри «Дахмаи шох,он», «Рафъи тумани Охугиру Хайробод», манзумах,ои «Казову кадар», «Ба духтаре ошик шу- дани дарвеш» ва 33 китъаи таърих мебошанд.

МАВЗУЪ ВА МАЗМУНИ Г АЗАЛИЁТИ ШОИР

Мирзосодик лирик, шоири газалсаро аст. У дар газалсарой голибан ба Саъдй, Хусрав, Хофиз, Камол ва ба Соибу Бедил пай- равй кардааст. Аз у то ба имруз 345 газал бокй мондааст, ки 2291 байтро ташкил медихад. Вале аслан девони Содик дорой 15 хазор байт будааст. Шоир дар аксари жанрх,ои назми замон: газал, каси­да, рубой, мусаммат, китъа, маснавй ва гайра шеър гуфтааст.

Бо вучуди шоири сермахсул будан, пеш аз хама, Содик лирик - шоири газалсаро мебошад. Уро абулмаонии сонй, шохдншохи икли- ми сухан ном бурдаанд, ки бехуда нест.

Барои намуна чанд газали шоирро метавон зикр намуд ва зимни он аз санъати сухан, истеъдоди эчодй, хунари сухансанчй ва пояи шоирии уро метавон муайян намуд.

Чунончи:Чанд резй ба чафо ашки чигаргуни маро,Ай чафопеша, биё, рез дигар хуни маро.Дил ба занчири сари зулфи ту ороме дошт,Шуд сабо силсилачунбон дили мачнуни маро.Бо ту, ай сангдил, афсонаи ман дарнагирифт,Дар дили сахти ту набвад асар афсуни маро.Шуълаи охи дил оташ зада дар пираханам,Сузи пинхон чу дарун сухта беруни маро.Гуфтй аз хотири махзуни ту шодам, Содик,Шод кардй ба хамин хотири махзуни маро.

162

Газали мазкур аз 5 байт таркиб ёфтааст ва дорой радиф («маро») буда, шоир радифи соддаро кор фармудааст, ки хадаф аз он тахким бахшидан ба мазмуни газал мебошад. Калимахои кофияшуда: чигаргун, хун, мачнун, афсун, берун, махзун буда, хуруфи кофия якчоя бо бандаки изофй («и») дар шаклй «...уни» омадааст. «Н»-х,арфи равй буда худи кофия мукайяд мебошад.

Аз нигохи вазн низ газали боло чолиб аст. Базал дар бахри Рамали мусаммани махбуни мах,зуф иншо гардида, шаклй афоъ- или он чунин аст:

- V - - / V V — / V V - - / v v -яъне: фоъилотун, фаъилотун, фаъилотун, фаъилун.

Аз нигохи мавзуъ, мазмуну мухтаво газали боло ишкй буда, махбуба чафопеша, берахм, бесабру токат, бемехр, сангдил, хатто хунрез аст. Ошикбовафо, пурмехр, росткавл, собир, гамноку гам- хор, хатто чоннисор мебошад. Хдцафи ошик висол аст ва махз ба хотири вафои махбуба ба чоннисорй розист. Албатта, охангхои кавии ичтимой касб намудани газалиёти ин давра ва махсусан, газалхои Мирзосодик ба конунияти инкишофи адабиёти давр ва авзои таърихии замон сахт вобастагй дорад. Зеро мантикан на­кши образхои лирики - ошик ва маъшука ба хам зид гузошта шудааст. Ба назари шоир ин дарду ранчхо, азобу шиканчахо завки лаззати дигар доранд:

Дарду алами шик ачаб лаззати завке,Дарду аламе нест туро бас ачаб аст ин.

Ишку мухаббатро Содик беолоишу пок, озодаву соф тасав- вур мекунад ва чунин ишк кори хар дуну сифла нест:

Бошад мухаббат ончунин покиза дурри бебахо, Натвонад уро доштан хар сифлаю дун дар багал.

«Мо дар лирикаи ишкии Содик - менависад профессор У.Кари­мов, ду майл, ду равняй ифодаро - эхсоси ошикона ва тафакку- роти ошиконаро дида метавонем». Аз ин ру, дар лирикаи Содик хеле заъиф бошад хам, охангхои суфиёнаву орифона чой доранд ва ин майлхо голибан дар ашъори чавобии у бештар ба назар мерасад:

Ба рохат мерасонад ранч бар худ ошно кардан,Ба нохун най шикастан банд аз шаккар чудо кардан. Намо пахлу тихй аз тору пуди пастии гафлат,Набояд такя бар болини ин махмал бино кардан.

163

Хамидан пои кадди ростй зииат иаафзойяд,Зи пирон хуш наояд такя бар души асо кардан. Дурустихои имкони шикаста вахшате дорад,Ки аз гайр аз шикастан нест фикри мумиё кардан.Дар ин дарё гухар шав, катрае гар обру дорй,Хубосо чун сари холй чй лозим бар хаво кардан.Зудояд занги зулмат аз миси шаб субхдам, Содик,Хамин иксир мебахшад нафас аз худ рахо кардан.

Аз нигохи шакл газали закршуда навоворие надорад. Яъне, газал дорой радифи содда («кардан»), кофияхои мукайяд: ошно, чудо, бино, асо, хаво, рахо буда, бо равй хотима ёфтаанд. Аз нигохи вазн низ чолиб аст, зеро сузу гудоз бо ранчу машаккат баробар баён шуда, табиати жанр бахри Хазачро такозо наму- дааст. Бинобар он, газал дар бахри Хазачи мусаммани солим эчод шудааст, ки шакли афоъили он чунин мебошад:

v - — / v - — / v - - - / v - - - яъне: мафоъйлун, мафоъйлун, мафоъйлун, мафоъйлун.

Fазал оханги хеле нозук ва муассири орифона дошта, хадаф сайри маънавии солик ва паймудани мархалахои камолот аст, ки танхо тавассути ранч, азоб, сабр, хушёрй, фурутанй, шикас- танафсй, дурй аз таносой, пархезкорй, канорагирй аз дунё ва алоики он ва гайра мебошад. Аз ин чост, ки ру овардан ба ранч, бо нохун шикастани най (инкисори колаб), банд аз шакар чудо кардан (бархам задани хичобхо), пахлу тихй кардан аз тору пуди гафлат (дил кандан аз дунёи моддй), такя бар души асо кардан (ба олами бесамар дил бастан), вахшат (душворихои рох), гавхар шудан (пинхон будан), хубоб (худнамой) ва гайра. Интихоби калимахо, коргирй ва маънисозиву мазмунбофй аз онхо, рамзу киноя касб кардани баёну ифода низ вобаста ба мазмуну мухтаво ва мавзуи газал мебошад. Ин холот, албатта, хости табиати ашъори ирфонист, ки дар ашъори шоирони ин аср низ хеле кам бошад хам, дида мешавад.

Яке аз масъалахое, ки дар ашъори Содик ва бештар дар газал­хои у ба назар мерасад, инъикоси охангхои ичтимой мебошад. Дар ин аср низ вобаста ба сиёсати пешгирифтаи хукуматдоро- ни амирй холати куввахои эчодй-адабй чандон хуб набудааст. Бинобар он, оханги шикоят аз холати танги мухит ва ахволи

164

нохуби ахли адаб, бо омезиш ба панду насихат, андарзу мавъи- зат, танкиди чахолату нодонй, зулму бедодй, ноодиливу кал- лобй, фитнагариву фиребдихй, инчунин танкиди зимомдорони замон, рафтори рухониён, кирдори зохидону пархезкорон ва гайра дар лирикаи Содик тасвир шудааст:

Чуз китобам хамнишини нуктадон пайдо нашуд,Чуз наи килкам харифи хамзабон пайдо нашуд.Дил зи танхой ба чон омад, дилороме наёфт,Чони беоромро ороми чон пайдо нашуд...

Ё худ:Бо мо замона тарки хусумат намекунад,Чун сифла хеч касби мурувват намекунад.Чанд афканад ба мачлиси мо шур мухтасиб,Он беадаб риояти сухбат намекунад.

Дар лирикаи Содик ва махсусан, дар газалхои у дар баро- бари ишку ошикй васфи махбуба, баёни олами маънавй ва зе- боихои зохирии у ситоиши бахор, гулу лола, насиму накхати бахорон, маю мусикй низ хает. Инчунин, мавзуъхои пандуан- дарзй: эхтироми инсон, дуст доштани ватан, ру овардан ба илму тахеил, мехнатдустй, хайрхохиву хоксорй, фурутаниву шикастанафсй, ростгуй, ширинзабонй, пархезкорй, халолкорй, эхтироми падару модар, устоду омузгор, вафо ба ахд ва гайра хеле хуб ба мушохида мерасад. Дар баробари ин шоир хисла­тхои бади инсониро аз кабили катлу горат мардумозорй, авом- фиребй, бухтону дуруггуй, муфтхурй, хавобаландй, кибру гурур, худписандй, хасисиву мумсикй, танпарварй, калтабонй ва гайраро накухиш менамояд. Вале мавзуи марказии газали­ёти у суннатй буда, ишку исёнхои калбии инсон, шуру валва- лахои ботинй, садои дилхо, зории ошику h c t h f h o h махбуба ва гайра хеле кавй садо медиханд.

Чунончи:Зор мурдему рухат сер надидем, дарег,Нуктае аз лаби лаълат нашунидем, дарег.Чон зи бемории хичрон ба лаб омад аз шавк, Шарбати васли ту харгиз начашидем, дарег.Дар гамат гунчасифат cap ба гиребон бурдам,Чун гул аз гусса гиребон надаридем, дарег.Монд дар пои дили хастаи мо хор фуру,

165

Гуле аз гулшани васли ту начидем, дарег,Бими онро, ки шавад сузи дили мо зох,ир,Сухтем аз гаму охе накашидем, дарег.Остони ту бувад максади арбоби вафо,Мо ба он максади олй нарасидем, дарег.Ч,он надидем чу Содик ба гами дарди ту хайф,Сарф шуд накди матое нахаридем, дарег.

Аз нигохи шакл газали мазкур анъанавй буда, дорой хафт байт, радифи сода («дарег»), кофияи мутлак (харфи равй - «д»), матлаъ, мактаъ, тахаллус ва гайра мебошад. Инчунин, газали мазкур дар бахри Рамали мусаммани махбуни максур (баъзан аслам, аслами мусаббаг) эчод шудааст, ки шакли афоъили он чунин аст:

- v - - / W - - / W - - / v v ~ (баъзан: - - / - ~Радиф дар ин газал бори гоявй мекашад ва барои муайян на-

мудани холати кахрамони лирикй - ошик мусоъидат мекунад.Аз нигохи мавзуъ, мазмуну мухтаво бошад, газали боло ишкй

буда, баёни холати ошик, яъне хичрон ва дурй аз висол, интихои рузгор ва афсусу хайфу дарег изхор намудани ошик мазмуни онро фарохам овардааст.

Ч,анбахои хунарй низ хеле чолиб аст: вобаста ба мавзуи ишк: зор мурдан, сер надидани руй, нашунидани нукта, ба лаб ра- сидани чон, чашидани шарбат, дарег ва гайра, калимахои му- таносиб хамагй дар ду байт мебошанд. Ин холат то интихо идома дорад. Киноя, мачоз - яъне мурдан - гузаштани бехудаи умр; чон ба лаб омадан - яъне токат намудан ба хама гуна душворихо; начашидани шарбати васл - иттифок наафтодани висол; гунчасифат - мисли гунча; cap дар гиребон будан - хануз нашукуфтан, яъне ба маънии хануз аз дунё бахра набардош- тан ва гайра. Тавсиф: дили хаста, максади олй; истиора - гун­часифат, гул, ки танхо монандкунандахо иштирок доранду мо- нандшавандахо нестанд ва гайра.

Албатта, чанбахои хунарй дар шеъри шоирони ин рузгор мисли асрхои XII, XIII, XIV, XV нест, вале шоирони чудого- на дар хар сурат нисбатан санъату хунарй воло доранд, ки Содику Хозик, Шухию Парй аз он чумлаанд. Хусусан, дар газалсарой ин шоирон нисбатан панчаи кавитаре доштаанд. Зеро газали онхо дар интихои хол конуниятхои тахаввули жан- рро дар ин давра муайян менамояд.

МАСНАВИИ «ДАХМАИ Ш О \О Н »

Мирзосодик на танхо дар навъхои хурди лирики хушзавк аст, балки дар достонсарой хам адиби тавоно мебошад. Аз у чор маснавй низ боки мондааст. Аз чумла: «Рафъи тумани Охугиру Хайробод», «Ба духтаре ошик шудани дарвеш», «Казову кадар» ва «Дахмаи шохон». Маснавии «Дахмаи шохон», ки соли таъ- лифи он аник кайд нашудааст, мухаккикон таърихи онро со- лхои 1785, 1791 ва 1796 ишора кардаанд. «Дахмаи шохон» аз нигохи сохтор ва мазмуну мундаричаи худ хеле чолиб аст. До­стон аз мукаддима ва кисмати асосй иборат мебошад. Мукад- димаи асар аз се бахш фарохам омадааст. Дар бахши аввал мулохизахои фалсафии адиб, муносибати у ба мирону шохон, адлу дод, ноодиливу бедодй баён гардидааст.

Дар бахши дуюм оид ба авзои замон, мухити зиндагй, бева- фоии дунё, арзиши илму дониш, фазлу хунар бахс карда меша­вад. Бахши сеюми мукаддимаи асар дойр ба мушохидаву сайру гашти шоир дар атрофи шахри Бухоро ва хаводиси ба у дучоро- мада бахс мекунад. Мукаддимаи достон бо зерфасли «Тасвири девони маъбад» интихо меёбад.

Кисмати асосии достон, ки пас аз мукаддима меояд, «Ибти- дои шуруъ дар максуд» нахустзерфасли он мебошад. Мушохи- дахои шоир ба тасвири «Дахмаи Субхонкулихон» огоз гардида, сонй тасвири «Дахмаи Убайдуллоххон», «Дахмаи Абулфайзхон» ва «Дахмаи Абдулмуъминхон» меояд ва бо хамин достон ба поён мерасад.

Дар кисмати асосии достон, хангоми сайри шоир ногах аз дахмае садое баланд мешавад, ки:

Кушо суи мо чашми ибрат, иигар,Ки будем шохони зарринкамар!

Хдцаф зикри бебакоии дунё, пушаймонй аз амалхои носаво- бу зишт мебошад.

Баъд шоир садои басо чозибу чолибе аз як дахмаи мармарин мешунавад, ки он аз зиндагии бемаънй, кирдори носавоб, ама­лхои нохуби худ хангоми хукуматдорй бо сузу гудоз ривоят ме­кунад. Ин дахмаи хокими аштархонй - Субхонкулихон будааст.

Мирзосодик баъд аз шунидани садои ин амир боз пештар ме­равад ва дахмаи Убайдуллоххон пеш меояд. У садои ин амирро мешунавад, ки аз таърихи салтанати золимонаи худ хикоя ме-

167

намояд. Амири мазкур аз фаъолияти золимонаи хеш сахт пу- шаймон гардида, худро хеле сарзаниш мекунад. Убайдуллох,- хон аз кардах,ояш пурра норизост ва таъкид мекунад, то ин ки одамон чунин галатх,оро содир накунанд.

Мирзосодик ба оромгох,и Абулфайзхон наздик мешавад. Абулфайзхон хдм мисли дигар амирон аз кирдорх,ои худ сахт пушаймон аст:

Манам шох Абулфайзи мулки Бухор,Падар то падар хусрави точдор.

Абулфайзхон вакти сари кудрат омаданаш асосан ба айшу нуш, танпарвариву форигболй дода мешавад. Худи амир мегуяд:

Маро модари дахр рузе, ки зод,Дари айшу ишрат ба руям кушод.Нишонданд дар мадх хамчун сарир,Ба комам шакар рехт, бар чон шир.Дувумбора бар тахти шохи нишонд,Ба фаркам хазойини дунё фишонд.

Шоир зулми амирро аз забони муганнй ва созх,ои мусикй ба тарики ташхису тамсил зикр мекунад:

Яке дод танбурро гушмол,Ки аз дасти ман пеши шохам манол.Чунин гуфт танбур: Ай зулмгар,Чаро мезанй захмам андар чигар?Расида маро корд бар устухон,Нишаста бурун аз танам тори чон.Ба нохун дилам хунфишон мекунй,Маро манъ боз аз фигон мекунй?Хамегуфт танбур нолида зор,Дили чангу най шуд зи дардаш фигор,Ба якборагй чумла кардй фигон,Найистон шуд аз нола руи чахон.

Ин амир хдтто барои мансаб писари худро нест мекунад: Хусусан, ки аз мастии чоми чох Писарро намудам ба дастам табох.Сабохе гузаштам ба тарфи чаман,Чу гул лаб пур аз ханда аз анчуман.Шунидам ман аз богбони чахон,Ки мегуфт дар хидмати гулситон:

168

- Бибурранд rap бехчасти нихол,Физояд бар он нахл бори камол.Чу бишнидам аз богбон ин сухан,Ба суи харам омадам аз чаман.Нихоле, ки аз решаам руста буд,Ба пеши кадам сарв дилхаста буд.Ба теги газаб кардам уро халок,Ба хокаш супурдам, задам руйи хок.Чунин кор кардам ба уммеди он,Ки шояд маро давлати човидон.

Абулфайзхонро дар мавриди зарурй, яъне хамлаи Рахимбии мангит дустон-душман, итоаткорон-нофармон ва чамъаш-паре- шон шуданд. Рахимбй уро катл кард, аз ин ру, Абулфайзхон му- кофоти амалро пеши ру меорад ва бо сузу гудоз мегуяд:

Зи бас мает будам зи чоми гурур,Мукофотро дидам аз хеш дур.Кунун ин мукофоти кирдорхост,Хамин ранчам озори озорхост.Маранчон дили халк аз бахри у,Ки бошад чахон душмани дустру.

Яъне дар достон сокини хар як дахма саргузашти худро бо гамоми чузъиёт, бо забони худаш коил мешавад. Агар зишткору золим бошад, пас аз кардааш сахт пушаймон аст. Агар заррае кори хуб карда бошад, натичаи онро хатман дидааст. Дарего, ки ин амирон хануз солхои салтанатдорй инро фикр накарда- анд. Онхо салтанати худро «безаволу човид» донистаанд. «Дах- маи шохон»-и Содик дар заминаи ривояте, ки миёни мардум пахн шудааст, эчод гардидааст. Он ривояти шохони афсонавии Эрони кадим мебошад ва бо наср таълиф шуда, аз порахои шеърй барои тасдики фикр кор гирифта шудааст.

Яъне Искандари Макдунй бо Афлотун ва лаш караш ба каламрави Ачам ворид шуда, Афлотун дахмахоро ба у нишон медихад. Инхо дахмахои Ч,амшед, Рустам, Фаридун, Исфанди- ёр, Наримон, Манучехр, Барзу, Сухроб ва дигарон аст.

Тавофути асари Содик аз дахмаи ривоятй аз он иборат аст, ки:1. Дар ривоят аз кирдори нек кисса карда мешавад ва дар

асари Содик танхо амалхои зишти онхо баён шудааст.

169

2. Асари халкй бо усули ривоят, иакл буда, асари Содик бе- восита аз забони худи кахрамон аст.

3. Дар асари халкй пир донишманду сохибтачриба буда, дар асари Содик мушохидаи адиб асосй тасвир карор дода шудааст.

4. Мавзуъ ва мазмуни асари Содик дар адабиёти точик нав буда, ба адабиёт таъсири амик мегузарад. Адибон: Мирзо Аб- дулазими Сомй, Абдуррахмони Тамкин, Ачзии Самаркандй дар пайравии Мирзосодик асар таълиф кардаанд.

Бояд гуфт, ки тозакорихо ва навоварихои Мирзосодик дар тахаввули газал ва эчоди маснавй хеле ва хеле назаррас мебо­шад. Аз ин ру, у дар таърихи адабиёти охирхои асри XVIII ва огози асри XIX чун адиби навовар мавкеъ дорад.

САВОЛ ВА СУПОРИШЦО

1. Дойр ба овони ч а в о н и и Мирзосодик,и Муншй чй медонед?2. Сабабхри асосии ба дарбор чалб намудани Мирзосодифо дар чй мебинед?3. Сабаби ба Дарвоз бадарга шудани шоир чист?4. Поёни рузгори Мирзосодик, дар кучо ва чй гуна сипарй гар- дидааст?5. Мероси адабии шоирро номбар кунед.6. Мавкри газал дар таркиби девони Мирзосодикро шарх, дихрд.7. Мазмуну мух,тавои газали «Чанд резй ба чафо ашки чигар- гуни маро»-ро накр кунед.8. Газали «Ба рох,ат мерасонад ранч бар худ ошно кардан»-ро азёд гуед.9. Fазали «Зор мурдему рухат сер надидем, дарег» ба ка­дом мавзуъ бахшида шудааст.10. Мазмуни мухтасари маснавии «Дахмаи шох,он»-ро накр кунед.11. Тавофути достони «Дахмаи шохрн» аз ривояти халк,ии онро тавзех, дихрд.12. Мирзосодик, дар маснавии «Дахмаи шохрн» ба кадом масъ- алахри ичтимой бештар таваччух, зохир кардааст?13. Хусусиятхои бадеии маснавии «Дахмаи шохон»-ро шарх дихрд.

170

Н У Н А Й Д У Л Л О Х И Х О З И К

Бори узви цоу р̂о х;ар сифланатвонад кашид,

Хеч тори анкабуте щдигшщар мекашад?

Яке аз шоирони тавонои асри XIX Чунайдуллох ибни Ис- ломшайх Хозик буда, дойр ба ному насаби хеш дар достони «Юсуф ва Зулайхо» мегуяд:

Хамин «Хозик» тахаллус дораму ном, Чунайдуллохи ибни Шайхислом.

Инчунин Абдулкарим Фазлии Намангонй («Мачмуат-уш-шу- аро») низ чунин таъкид кардааст:

Чунайд он хакими билоди сухан,Ки шахри Хирот аст уро ватан.Мудаккик ба тахкики илму сифот,Бувад ибни Исломшайхи Хирот.

Хозик дар миёнаи солхои 80-уми асри XVIII таваллуд шу­дааст. Зодгохи у махаллаи Кархи Хирот мебошад. Чунайдул- лох табъи баланду зехни бурро дошта, дар аввалхои хукмро- нии амир Хайдар (1800-1826) аз Хирот ба Бухоро омадааст. У дар Мадраса яке аз бехтарин толибилмон буда, осори адибони асримиёнагиро низ хеле дакик меомузад. Дар баробари ин Чунайдуллох илми тибро хам хеле хуб омухта, тахаллуси «Хозик»-ро аз хамин чихат интихоб менамояд. Хозик соли 1805 мадрасаро хатм мекунад ва дар мадрасаи Олй бо фармони амир Хайдар имом таъин карда мешавад. Дере нагузашта Ч,унайдул- лохи Хозикро ба дарбор даъват мекунанд. Баъди чанде фаъо- лият дар дарбор тафаккури шоирро нисбат ба он дигар намуд.

У хуб фахмид, ки шахсони нолоик хеле зиёд будаанд ва бо ин тоифа ахли хирад хамкорй карда наметавонад:

Бори узви чохро хар сифла натвонад кашид,Хеч тори анкабуте икди гавхар мекашад?

Шоирони хасудкори дарбор Х,озикро нотавонбинй мекарданд.Ч,алолй, ки худ чандон истеъдоди баланд надоштг Х,озикро боре хачви сахт намуд. Х,озик бо унвони «Касида дар чавоби хачви мавлоно Ч,алолй» - ро менависад, ки чанд байте аз он чунин аст:

Дар хотирам расад чу хаёли касидаат,Гардад дилам сиях зи зуголи касидаат.Гуфтй, ки зода табъи ман ин бикр фикрро Сад шур карда духтари золи касидаат.Ай, карда шеъри халк ба чандин бало дучор,Бояд гирист, ох ба холи касидаат.Худ равшан аст гавхари мазмуни дигарон,Торику сакта аст зулоли касидаат.Ай рубахак, ба шери жаён панча мезанй,Даркаш забон, ки нест мачоли касидаат.Хозик, чй холат аст дарад пардаи туро,Нафсат намуда рух зи «камоли» касидаат.

Мунокиша миёни ду шоир бошад хам, амалан хадафи Хозик худи амир аст. Аз ин ру, у аз доираи адабии Бухоро дилмонда шуда, ба Хуканд омадани Хозик кайд нашуда бошад хам, дар огози салтанати амир Умар иттифок афтодани он ба хакикат наздик мебошад.

Хозик муддате дар ин доираи адабй созиш намуда, хатто ба амир Умар баъзан пайравихо мекунад. Яке аз чиддитарин икдо- мхои Хозик дар ин доираи адабй ба эчоди достони «Юсуф ва Зулайхо» камар бастани шоир ба шумор меравад. Дар ин бора Хозик баъзе ишорахои судманд низ дорад:

Мабош аз шеъри мардум харфгустар,Либоси орият то чанд дар бар?Бигу чу Хозик, ар дорй димоге,Бикун равшан, агар дорй чароге.

Шоирони мадцохи дарборй: Вазир, Нола, Фазлй, Дабир ва Афсус бошанд Хозикро дар хузури амир бадгуихо мекарданд. Шоир ва тазкиранигор Абдулкарими Фазлй дар «Мачмуат-уш- шуаро» - и худ аз Хозик ёд намуда, уро дорой истеъдоди баланд медонад, вале «марди девона» ва «мухолифмизоч» ном мебарад:

______________________________________________________ ___ - - _______________________________ - 171

172

Ба фанни сухан гарчи фарзона аст,Валекин ачаб марди девона аст.Каландармизоч асту девонахуст,Вале дар фунуни сухан тозагуст.

Аз баъзе ишорахои Хозик иайдост, ки у худро зиракона ба девонагй вонамуд карда будааст:

Г ар намехохй, ки дарди cap каши аз рузгор,Хамчу Хозик бо камоли зиракй девона бош.

Аз казовати боло маълум мегардад, ки мочарохои ахли дар­бор ва тамаллуки шоирони тамаъкору чоплус Хрзикро басо озур- да намуда, ба у фишори маънавй медоданд.

Аз ин сабаб, Х,озик дар дарбори амир Умархон фаъолият кар- данро дигар раво намебинад. Хусусан, ин холат баъди ба сари тахт омадани писари ин амир Мухдммадалихон боз хам ногу- вортар мегардад. Ин аст, ки Хозик аз дарбори Мухаммадалихон канорачуй намуда, ба Бухоро меояд ва дар ин шахри бостонй бо пешаи табибй касби маош мекунад.

У аз руи эхтиёчхои зиндагй бо баъзе сохибмансабон каробат чустааст. Боре яке аз сохибмансабон ба шоир ваъда медихад, ки ба у (ба Хозик) асп инъом мекунад. Вале пас аз гузаштани чанд муддат аз кавлаш бармегардад. Хозик ба он кас чунин китъаи хдчвиро мебахшад:

Расид мехри тило лек аспи мо нарасид,Бигу намедихамат, то ба кай бахона кунй. Муносиби ту ба он шавкату чалол ин аст,Ки хешро магарам мухраи замона кунй.Кучо равос(т), ки худро барои як аспе,Миёни халк ба бехимматй фасона кунй...

Хозик чанд гох,е дар Хоразм низ будааст, ки онро солкой 1825-29 тахмин кардаанд. Зеро дар ин солхо Мухаммад Рахим­хон вафот карда, ба сари кудрат Оллохкулихон омада буд.

Мухимтарин хусусияти доираи адабии Хоразм он будааст, ки бо ташаббуси сарвари ин доираи адабй -Муъниси Хоразмй тарч- умаи осори адибони асримиёнагии точик ба забони узбекй хеле авч гирифта будааст. Соли 1829 Хозик аз Хоразм боз ба Бухо­ро бармегардад ва у Хочй Хакимхонро (муаллифи «Мунтахаб- ут-таворих»-ро), ки аз саёхат баргашта буд, пешвоз мегирад.

Хозик бисёр мехост, ки ба сафари олам баромада, ба ин во- сита аз низои хусудон рахой ёбад. Вале имконоти модй барои шоир даст намедод, ки онро аз баъзе ишорахои шикваомези Хозик пай бурдан мумкин аст:

Даме расид ба хотир, ки суи Рум равем,Ки шояд ин дили гамгин шавад нишотпазир.Зи сайри шом гахе рехт бар дилам савдо,Ки субхи айш дамад шоядам зи шоми замир.Шикает фикри Халаб гох шиша дар рохам,Намуда гох, Фарангам дар ойина тасвир.Гахе зи Хинд намак рехт дар дили решам,Г ахе зи Миср шакар ёфг тутии такрир.

Шоир дар китъаи боло орзуи шахрхои Руму Шом, Халабу Фаранг (Аврупо), Хинду Мисрро дар cap доштааст, вале он амалй нашудааст. Амир Насруллох мехост Хозик яке аз мукаррабони у бошад, вале шоир аз амир дурй мечуст. Зеро Насруллох пайвас- та дар андешаи кишваркушой, горату асиргирй буда, борхо хатто ба Хуканд лашкар кашидааст.

У бори сеюм соли 1842 ба Хуканд хучум намуда, дар он чо катли ом менамояд. Х °ЗИК дар як касидааш окибати чангро баён намуда амирро ба сулх даъват мекунад:

То бувад сулх чанг натвон кард,Чанг бошад диранг натвон кард.Шох бояд хурад гами олам,Не ки з-он оламе фигад дар гам.

Амир маслихати шоирро кабул мекунад. Баъд у аз Хозик талаб менамояд, ки ин пирузиашро дар касидае васф бикунад. Хозик «пирузй»- и амирро дар байти зерин махкум мекунад:

Буридй бар кади худ аз маломат Либосе то ба домони киёмаг.

Амир аз шунидани он дар газаб мешавад. Хозик бошад дар Шахрисабз дар хонаи дусташ-Хакимхон панох мебарад. Амир Насруллох писари шоирро, ки Мухташам ном дошт, ба Шахри­сабз фиристода, омадани Хозикро талаб мекунад. Хозик байти зеринро навишта ба амир мефиристонад:

Чун хузурам сабаби ранчиши табъат гардад, Мегурезам, ки малулат накунам бори дигар.

173

Амир аз ин кори шоир дар газаб шуда, Душанбой ном дузд- ро барои овардани сари Хозик амр мекунад.

Ин бешараф бо се тан бадандешони дигар ба Шах,рисабз ома­да, шабонгах, ба хонаи хоби Мавлоно Хозик ворид шуда, уро ба катл мерасонанд ва сари шоирро бо худ ба Бухоро мебаранд. Ба хамин тарик, Ч,уиайдуллох.и Хозик 14-уми январи соли 1843 дар вилояти Шахрисабз вафот кардааст.

МЕРОСИ АДАБИИ ЧУНАЙДУЛЛОХИ ХОЗИК

Сарфи назар аз мураккабии авзои замони зиндагии Хозик ва нобасомонихои рузгори у, аз ин шоир осори пурарзише бокй мондааст. Он осор аз «Девони газалиёт», достони «Юсуф ва Зу- лайхо», рисолахои «Вокеоти исломй» ва «Тахкик-ул-кавоид» иборат мебошад. Рисолаи «Тахкик-ул-кавоид» номи дигар низ дорад, ки он «Шархи конунча» аст.

«ДЕВО Н И ГАЗ А !11ЕТ>>-11 Х О ЗИ К

Дар девони шоир газал мавкеи марказй дорад. Чун анъана мавзуи асосии газал ишк аст. Ин мавзуъ бо тамоми чузъиёт: хичрону висол, сабру токат, васфи хусну чамоли дилбар, бева- фой ва сустахдй, номехрубонй, сарддилй ва гайра ба тасвир омадааст. Дар иртибот бо ин мавзуъ маю бода (хамчун рамзи хушгузаронии умр, зиндагй), васфи бахор ва чузъиёти ин фасли аруси сол: резиши борони найсону шилдир-шилдири чориша- вии чуйхои бахорй, накхати гулхову муаттарии насими суб- хгохй, сафои самову гармои хаво ва монанди инхо хеле хунар­мандона аст.

Чунончи, дар ин газал, ки шояд дар даврони нисбатан пи- ронсолагии Х°зик эчод шуда бошад:

Ёди айёме, ки пур аз май сабуе доштем,Шаб хама бар сари гам хою хуе доштем.Шаб нихон з-агёр мову ёр дар базми висол,Мо хам аз имои абру гуфтугуе доштем.Гардиши даврон гули моро чунин пажмурда сохт В-арна дар ин бог мо хам рангу буе доштем.3-инкилоб андеша кун, моро ба чашми кам мабин,Дар диёри хеш мо хам обруе доштем.

175

Ман хдмчун кахрамони лирикии газали Хозик пайваста дар изтироб, хаячон аст. Зеро ба ин холат уро махбуба овардааст. Доираи фаъолият ва муносибати ках,рамони лирики - ман пур- вусъат, серчабха ва гуногуншакл аст. Вале асосан олами боти- нии у дар муносибат бо махбуба ошкоро мегардад. Ошик наме- хохад, ки агёр аз ин сир пай барад. У пурсабру пуртокат ва хиф- зкунандаи асрору розхост:

Хозик, магу ба бехирадон рози ишкро,Аз анбару абир кашад гову хар чй хаз.

Кахрамони лирики - ман голибан чанбаъхои васеи ичтимой мегирад. Дар симои агёр бехирадиву пастфитратй, нокобиливу ноухдабарой, золимию худписандй, кутохназариву зохирбинй, харисиву мардумфиребй барин амалхои зиштро чамъбаст мена­мояд. Аз ин ру, вазнинихои хаёт пайваста бар души хирадмандо- ну окилон аст.

Ин аст, ки Хозик мегуяд:Маро чун бишкуфад хотир, ки хамчун гунчаву лола Дилам хун аст ту бар ту, чигар дог аст то бар то.Дар ин айём хар кас чоми айше мекашад чун гул,Ману доги дилу хуни чигар чун лолаи хумро.

Лирикаи ичтимоии у баъзан вусъати бештаре пайдо наму­да, хатто охангхои кавии сиёсй низ мегирад. Ба акидаи Хозик, сохибмансабон бояд шахсони сазовору лоик бошанд. На хар як шахе аз ухдаи корхои рохбарй баромада метавонад. Дар системаи рохбарй бояд принсипи чиддие хукмрон бошад, то ин ки шахсони тасодуфии беистеъдод ба мансабхои баланди давлатй сохиб шуда натавонанд. Таърих гувох аст, ки агар шахеи нолоике сари мансабе ояд, он гох чомеъа дучори муш- килихои сершумор хохад шуд:

Халкй оламро на хар дун даст бар cap мекашад,Ин кадах аз даври гардун мехри ховар мекашад.Бори узви чохро хар сифла натавонад кашид,Хеч тори анкабуте накди гавхар мекашад?

Яъне ба ин восита лирикаи шоир чанбаъхои вокеии хаётй ги- рифта, ба хаёти чамъият ва рузгори мардум бештар наздик ме­шавад. Шоир таъкид ба таъкид мегуяд, ки шахсони хариси чоху мансабро набояд имкон дод, ки хадафхои палиди худро амалй намоянд. Баръакс, пеши рохи онхоро бояд гирифт, то ин ки мар­дум аз ин тоифаи кутохназар халос бошанд:

177

Сабку услуб, шеваи эчоду хунари таълифи Хозик низ хеле чолиб аст.

Аз ин чост, ки нуфузи эчодиёти Хозик ба адабиёти давр ва минбаъда низ хеле хуб ба мушохида мерасад.

ДОСТОНИ «ЮСУФ ВА ЗУЛАЙХО»

Чунайдуллохи Хозик на танхо дар эчоди навъхои гуногуни лирикй табъи баланду хунари воло доштааст, балки дар достон- сарой хам сохиби истеъдоди фавкулодца мебошад.

Хозик дар заминаи сунати адабй достони «Юсуф ва Зулай- хо»-ро таълиф менамояд. Шоир достони мазкурро дар замони амир Умархон (1809-1822) огоз намуда, соли 1824 онро ба ит- мом мерасонад:

Намуд илхом дар таърихаш иншо:Муфассал киссаи «Юсуф Зулайхо».Шуруъаш буд аз даври Умаршох,Ки зад ба садри чаннат хаймаи чох.Набурдам худсарй дар чайби анчом,Ки даври салтанат з-у ёфт итмом...

Хозик достони «Юсуф ва Зулайхо»-и худро дар пайравии дос- гонхои Ч,омию Нозим эчод кардааст. Зимни асар шоир андешахои ичтимой, сиёсй, ахлокй, чамъиятии худро низ баён кардааст:

Ба души киссаи Юсуф Зулайхо,Мурассаъ хилъати дигар биоро.Либоси тозаву ушшоки тоза,Бахори тозаву авроки тоза.Зи хар гул рангу буи тоза чушад,Зи хар булбул наво дигар хурушад.

Достони «Юсуф ва Зулайхо» дорой 60 боб ва 4496 байт буда, дар бахри Хазачи мусадцаси махзуф (баъзан максур) эчод кар­да шудааст, ки афоъили он чунин аст:

v --- / v ---- / v - -яъне: мафоъйлун, мафоъйлун, фаъулун.

Сужети достон аз боби 12 ofo3 мешавад.Киссаи «Юсуф ва Зулайхо» яке аз машхуртарин киссахо

буда, таърихи пайдоиши он ба асрхои XV - XIV то мелод таал- лук дорад. Киссаи мазкур дар китоби мукаддаси «Таврот» ва баъдтар дар «Куръон»-и мачид зикр шудааст.

179

Ба у аз хдр тараф хостгорхо омада бошанд хам, ба касе розй намешавад.

Вазири шохи Миср - Азиз низ тавсифи хусни Зулайхоро шу­нида, бо хадяи зиёде хостгор равон менамояд. Таймус ба ин шахе розигй медихад. Зулайхо туй шуда ба Миср оварда мешавад. Зу- лайхо Азизи Мисрро хамон чавони дар хоб дидааш гумон карда хеле хурсанд буд. Вале маълум мешавад, ки он чавони дар хоб дидааш нест. Азиз базми бошукухе ороста хокими Миср-Малик Руён низ дар он иштирок мекунад. Зулайхо дар касри зеботарин зиндагй кунад хам, хурсанд набуд. Дар Канъон Яъкуб умр ба cap мебурд, ки дувоздах фарзанд дошт. Юсуф фарзанди охирини ин мард буда, зеботарин мебошад. У на танхо зохиран, балки боти- нан хам нихоят хушодобу хушрафтор буд. Аз ин ру, Яъкуб уро бештар дуст медошт. Ин боиси рашки бародарон гардид ва онхо дар паи нест кардани Юсуф мешаванд. Онхо як рузи бахор па- дарро розй кунонида Юсуфро бо худ мебаранд. Онхо панди па- дарро фаромуш намуда, Юсуфро берахмона мезананд, азоб ме- диханд. У аз ташнагй бемадор мешаваду меафтад. Яке аз баро­дарон ба Юсуф об медихад, вале Шамъун хашмгин шуда, аз у обро кашида мегирад.

Вале Яхудо бо ханчар ба Шамъун хамла намуда, Юсуфро начот медихад. Онхо ба сари чохе омада Юсуфро ба он чох мепартоянд.

Онхо бо нолаву зорй пеши падар меоянд ва пирохани хуно- луди Юсуфро ба падар нишон дода мегуянд, ки Юсуфро гург хурдааст. Вакте ки падар ба игвои онхо чандон бовар намеку- над, онхо ба сахро рафта гургеро пайдо мекунанд ва дахони онро хунолуд намуда ба Яъкуб нишон медиханд. Вале гург ба забони хол омада бегунохии худро хабар медихад.

Корвони Молик аз Магриб чониби Миср рахсипор буд. Онхо барои чустани об чуёи чох мешаванд. Бишрй ном гулом аз каъри чох ба чои об Юсуфро пайдо менамояд. Бародарони Юсуф аз ин кор хабар ёфта, Юсуфро ба ивази хачдах дирхам мефурушанд. Вакте корвон ба Миср мерасад, хокими он чо Малик Руён, вазири у Азиз ва завчаи вазир Зулайхо низ огох мегарданд. Зулайхо аз равзана Юсуфро дида чавони дар хоб дидаашро мешиносад. Азиз бо мас- лихати Зулайхо Юсуфро хамчун гулом харида ба хона меорад.

Зулайхо ба Юсуф на мисли хоча бо гулом, балки хамчун дустдоштаи худ муносибат менамуд. Онх,о бо хдмдигар cap-

180

гузашти худро накд мекарданд. Баъдтар Юсуф пешаи чупони- ро ихтиёр мекунад. Зулайхо барои висол тадбирхо мечуст, вале Юсуф аз рафтори у харосида аз Худо имдод металабид. Бо хо- хиши Зулайхо касри мухташаме сохта мешавад. Зулайхо Юсуф- ро ба тамошои каср мебарад. Дар хучраи хафтум Юсуфро огуш карданй мешавад, вале Юсуф дурй мечуяд. Зулайхо аз кафо домани Юсуфро кашида медаронад. Пас ба назди Азиз омада Юсуфро тухмат мекунад. Баъд аз ин бо дархости Зулайхо Юсуф­ро бо дахолати занони Миср ба махкама меафкананд. Зулайхо аз кардай худ пушаймон мешавад. Дар зиндон обдор ва суфра- густори шох низ зиндонй буданд.

Шабе обдор хоб мебинад, ки шох аз у оби ширин хостааст. Юсуф хоби уро ба некй таъбир менамояд, ки аз зиндон озод гар- дида сохиби мансабе хохй шуд. Он гох дар бораи ман,- мегуяд Юсуф, - ба шох хабар бидех- Иттифоко, шабе Малик Руён низ хобе дахшатборе мебинад, вале касе онро таъбир карда намета- вонад. Обдор хабар медихад, ки Юсуф ном шахси таъбиргаре дар зиндон хает, ки бо амри Азиз зиндонй шудааст. Юсуфро аз зин­дон озод намуда ба назди шох меоранд. У хоби шохро мудхиш мегуяд ва тадбирхоро хам коил мешавад.

Руён Азизро аз вазирй холй намуда, Юсуфро вазир таъин менамояд. Зулайхо дар вайронае истикомат карда, исломро ме- пазирад. Юсуф инро фахмида ба назди Зулайхо меравад. У холи Зулайхоро дида рахмаш меояд ва Зулайхоро ба боргохи худ меорад. Зулайхо гаму Fyccapo аз худ дур намуда аз нав чавон мешавад ва хуснаш бо амри Худо, баркарор мегардад:

Маро дубора бахшад зиндагонй,Дихам бозам зи cap хусни чавонй.Намояд дидаам равшан зи руят,Муаттар хам димоги чон зи буят.Зи лаъли чонфизоят ком ёбам,Дар огушат хамин ором ёбам.

Юсуф базм ороста бо Зулайхо хонадор мешавад. Онхо якчоя ей сол умр ба cap мебаранд. Баъд аз он Юсуф олами фониро падруд мегуяд. Зулайхо сари кабр омада онро огуш мекунад ва у низ чон месупорад.

Достони Хозик бо хамин хотима меёбад.

181

О БРА i \O H ДОС ГОН

Дар достони мазкур ба гайр аз образхои марказй-Юсуф ва Зулайхо як катор образхои дигар: Шохи Миср Малик Руён, Ази- зи Миср, Таймус, Яъкуб, бародарон, Молики Бишрй, корвони- ён, занони Миср, зиндониён ва зиндонбон, дастурхондор ва об- дори шох- Ин образхо низ лахзавй бошанд хдм, хеле халкунанда ва чолибанд.

Образи Юсуф образи марказй ва халкунандаи достон аст. У носех ва пок аст. Инчунин боаьуту доно, покиза ва пуртокату пок- тинат аст. Танх,о дорой хислатхои хамида буда, ягон хислати бад надорад. У на танхо зохиран, балки ботинан хам зебост. Дуран- деш, бо мулохиза, зираку окил буда, ба оянда боварй дорад. Хис­латхои хамида и у сари хар як кадам ба назар мерасанд. Юсуф пайгмбарзода низ хает. У боз ба гуломй розй мешавад.

Хангоми таъбири хоби зиндонй дар махбас боз хам бузургии у ошкор мешавад. Хоби Руёнро таъбир намудани Юсуф уро со- хиби мансаб мегардонад.

Шоир ба ин восита иффату покй, ростиву росткорй, адлу ин- соф, садокату инсоф ва гайраро гаргиб намуда, хисоли хамидаро афзалият мебахшад. Шоир хоби шохро чунин тасвир мекунад:

Малик Руён шабе чун чашм пушид,Ба хобаш хафт гови фарбехе дид.Пас аз вай хафт гове дид логар,Ки хурд ин хафт логар хафти дигар.Дар он дам хушахои сабзу хуррам Намудаш хафт буд он хушахо хам.Пас он гах хафти дигар хушахо дид,Ки хар як хушктар будй зи хуршед.Бар он тархо чу печиданд он хафт,Хама гаштанд хушку хуррами рафт.

Хоби маликро касе таъбир карда наметавонад ва танхо Юсуф онро чунин таъбир мекунад:

Ки аввал хафт соли нек ояд,Ба руи халк неъмат даркушояд.Пас аз вай хафт соле дур гирад,Ки гардад зинда кахт, арзон бимирад.Аз он хафт ин кадар гиранд хуша,Ки бошад дар рахи ин хафт туша.

182

Ба шах то нархи давлат бошад арзон,Вазири шах набояд буд нодон.Нигах гар бол накшояд ба гафлат,Расад кай cap ба девори мазаллат.

Ин аст, ки аз зиндон рахо ёфтани Юсуф чорй шудани адолат, тантанаи озодй, вазир таъин шудани Юсуф, сари кудрат омада- ни адолату озодй, яъне галабаи озодиву адолат бар зулмоту чахолат мебошад. Зеро Юсуф хатто худи шохро чунин панду на- сихат медихад, ки чунин чуръатро кй метавонист ба чо биёрад?!

Чунончи:Бувад чун бо раъият шохро чох,Раъиятпарварй мебояд аз шох.Чу бошад бар шукухи шох иллат,Рами худ мехурад, хох аз раъият.Раъият гар набошад, бо кй шох аст?Фалакро рузи беахтар сиёх аст.В-агар бошад туро доно вазире,Ки худ дарди cap аз кишвар нагирй.

Агар дар ин казоват хиради сиёсй- ичтимоии Юсуф намоиш дода шуда бошад, пас у дар чодаи дигар низ бартарй дорад.

Юсуф дар ишк низ симои покй ва иффат аст. Мо таъсири ис- лом ва «Куръон» - ро ин чо бештар хис менамоем. У намехо- хад, ки ба хонадони набавй гуноху табохй биёрад. Аз ин ру, сабру тахаммулро интихоб мекунад. Заррае ишкй шахвонй на- мудор намешавад ва у дар ин рох хатто фикр хам намекунад.

Юсуф шахсияти бузург аст, ки хатто ба бародарони чафоко- ру котили худ хам шафкату рахм мекунад. Ин аст, ки дар охир ба максад мерасад ва дар зиндагй ноком нест.

Образи Зулайхо. Ин симои махсуси зани нотакрор аст. У шох- духтар аст, вале ёде аз мансаб, боигарй намекунад. У миллат ва табакаи ичтимоиро хам ба назар намегирад. У устувор ва мубо- риз аст. Зулайхо пок, боиффату шармгин аст. Х,амин ишкй пок дар аввал уро хеле укубат медихад:

Маро ишке бубин охир чихо кард,Ватанбегона, гурбатошно кард.Азизи Миср чуён хор гаштам,Пари гуфтам, ба деве ёр гаштам.

Зулайхо дустдоштаашро ба зиндон меафканад, вале худ гуё хешро дар он чо афканда бошад, ки азоби рухй мекашад.

Хангоми вазир таъин гардидани Юсуф, Зулайхо боз хортар шуда, хонаву ной худро тарк мекунад ва дар рохи дустдошта- аш макон интихоб намуда, бо азоби зиёд ва гиряву нола зин- дагй мекунад. Вале хамоно иффату исматро нигох медораад. У низ поку беолоиш ва устувору пурсабр ва тобовару пуртокат мебошад. Зулайхо хам чонибдори барпо намудани оилаи пок, содик, мушфик, халол, самимй, беолоиш аст. У барои дустдош- таи худ аз худ мегузарад. Зулайхо бе Юсуф зиндагиро тасав- вур карда наметавонад. Аз ин ру, у ба максад мерасад.

Дар достон образхои шохи Миср - Малик Руён, Яъкуб, Тай- мус, корвониён, обдори шох низ накшхои мусбатанд. Яъкуб умре барои Юсуф месузад, Малик Руён чонибдори адолат, дурандеш, мушохидакор ва донову окил аст. Таймус низ шохи доност. У дар рохи мухаббати фарзандаш монеъ нест. Чонибдори ишки пок ва ахлоки хамида мебошад.

Бародарони Юсуф аз хонадони мукаддасанд, вале рашк, хасад, бадбинй, хавасхои бечо доранд. Аз ин ру, онхо дар зиндагй рохи худро пайдо карда наметавонанд.

Корвониён низ кори хайреро сомон медиханд, зеро онхо бои­си идомаи хатти сужети достон мешаванд.

Обдори шох бошад кори нихоят некро сомон дода, боиси аз зиндон рахой ёфтани Юсуф ва инчунин ба мансаби баланд ома- дани у ва нихоят ба максад расидани Зулайхо мегардад.

Чунайдуллохи Хозик дар таълифи достон нишон додааст, ки у дар эчоди навъхои бузурги адабй махорати бештаре дорад. Хозик дар касидаву газал, китъаву рубой, тарчеоту шеъри тасмит ва гайра табъи баланд дошта бошад хам, шухрати уро хамчун эчод- кор хамин достони «Юсуф ва Зулайхо» таъмин кардааст.

Аз навъхои лирикй у голибан дар газал табъи баланд дошта, дар рушду тахаввули жанри мазкур сахми арзанда гузоштааст. Вале махсусан достони «Юсуф ва Зулайхо»-и ХозиК баъд аз асархои хамноми Ч,омию Нозими Хиравй ва умуман миёни хамаи онхое, ки 10 аср дар ин мавзуъ асар эчод кардаанд, ма- вкеи намоён дорад.

Хозик дар ин достон лахзахои иловагии зиёд дорад, ки дар асархои каблй дида намешаванд: лахзаи тухмати гург ва ба забони хол омадани он, ё худ бевосита Хозик аз тавлиди Юсуф асарро огоз мекунад, вале Ч,омй то ин чо изхори чанд андешаи фалсафй, шарху тавзехи баъзе чизхо cap кардааст. Ё ки дар

достони Ч,омй падари Зулайхо ба чониби Азизи Миср хостгор мефиристад, ки ин дар асари Хозик нест ва гайра.

Хозик шохи идеалии худро дар симои малик Руён тасвир на­муда, мукадцас будани хонадони набавиро дар образи Юсуф ба тасвир овардааст, ки дар чузъиёт хеле чолиб эчод шудаанд.

Хунари шоирии Хозик дар сатхи Ч,омй ва Нозими Хиротй набошад хам, пояи у аз дигар шоироне, ки дар ин мавзуъ достон эчод кардаанд, баланд аст. Барои мисол:

Зи руи хашм он кавми чафокор Ба сад хори дар он сахрои хунхор.Зи по бурданд кафш, аз cap кулохаш,Саропо шуд барахна хамчу мохаш.Шуд он домони дашти пур зи хоре,Зи хуни захми пояш лолазоре.

Дар ин абёт Юсуф ба мох монанд карда мешавад, зеро мох низ барахна дар биёбони фалак рох мепаймояд. Агар дар ин чо ташбехи баланду чолиб бошад, дар байти дигар тавассути гулувв аз хуни пои Юсуф рангин гардидани даштро таъкид мекунад, ки хеле хотирмон ва дилнишинанд ва хонандаро комилан мута- ассир менамоянд.

Ё ин ки ба воситаи лахзаи тамсилй ва тавассути санъати таш- хис гург чунин холати халкунандаро мусбат хал мекунад:

Ки ман харчанд дур аз аклу хушам,Наям инсон, аз чинси вухушам.Вале донам, ки ин феъли кабех аст,Ба хар нодониям кубхаш сарех аст.Хамин фарзанди худ гумкарда будам,Дар ин сахро сурогаш менамудам.Ки шояд ёбам он гумкарда фарзанд,Ба домн тухматам карданд побанд.Бибастанд инчунин бо ресмонам,Биёлуданд хам бо хун дахонам.Задандам гах ба чубу гох бо санг,Биёварданд аз сахро бад- ин ранг.Кашидам бе чиноят гарчи бедод,Вале руи ту чун дидам, шуд аз ёд.

Яъне ба воситаи чунин санъати баланду табъи волои шоирй Хозик хатто гурги вахшии хунхорро рахмдил намудааст. Хам- чунин бо чунин хунару махорати эчодй шоир кирдори барода-

185

рони Юсуфро басо вахшиёна тавонистааст биёфарад, то ин ки хонандаро бештар мутаассир намояд.

Достон бо назардошти гузориши масъала, халли он, хукму мухокимаронихо, мантики ифода, корбурди калимот, интихоби он, коргирй аз маколу зарбулмасал, таъбиру ифодахои халкй, хунари шоирй, истифодаву интихоби радифу кофияхо, вазн, ис- тифодаи санъатхои бадеии маънавию лафзй ва гайра низ басо чолиб ва хотирмон аст.

Достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Х,озик баробари арзишхои хунарй-шоирй, адабй-бадей, захираи лугавй-лексикй беш аз ин хама, ахамияти тарбиявй-ахлокй дорад. Зеро покию иффат ва исмати инсонй дар накшаи аввал меистад.

Хонанда намунахои олии ахлоки ошиконро меомузад ва иб- рат хохад гирифт.

САВОЛ ВА СУП О Р ИШ Х.0

1. Оид ба даврони чавонй, овони тахрилоти Чунайдуллох,и Хозик, чй медонед?2. Сабаби ба Мовароуннахр омадани Чунайдуллох,и Хозифо накр кунед.3. Муносибати Хозик, ва амирони мангит чй гуна сурат гирифтааст?4. Мероси адабии Хозик; аз кадом навъхри адабй иборат аст?5. Сохт ва таркиби девони Чунайдуллох,и Хозифо баён намоед.6. Мавзуъ ва мундаричаи гоявии газалиёти Хозикро шарх, дихрд.7. Газали «Ёди айёме, ки пур аз май сабуе доштем»-ро азёд кунед.8. Газалиёти Хозик, дорой кадом хусусиятхри адабй - бадеиянд?9. Мазмуни мухтасари достони «Юсуф ва Зулайхо»-ро накр кунед.10. Дойр ба сайри таърихии к,иссаи «Юсуф ва Зулайхо» то эчодиёти Хозик, маълумот дих,ед.11. Кадом хусусиятхри фарк,кунандаи достони «Юсуф ва Зу- лайхо»-и Хозифо медонед?12. Образхри марказии достон-образхри Юсуф ва Зулайхоро тахрил намоед.13. Образхри мусбату манфй, лах,завй ва доимии достонро ном­бар кунед.14. Арзиши адабии достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Хозик; аз чй иборат аст?

186

КОФИЯИ МУТЛАК ВА ХАРФХОИ ОН

Дар илми бадеъи классики кофияеро мутлак меноманд, ки агар хдрфи р а в й бо хдрфи в а с л часпида бошад, яъне баъди харфи равй хдрфи дигаре омада бошад.

Мисол:Раъият ба зулми ту чун олиманд,Зи зулми ту бар якдигар золиманд.

Дар ин байт (вазнаш - Мутакориби мусаммани максур) кали­махои «олиманд» ва «золиманд» кофия, чузви «-олиманд» решай онро ташкил медихад. Дар ин решай кофия садоноки «о» т а ъ с и с, хамсадои «л» д а х и л , садоноки кутохи «и» и ш б о ъ, хдмсадои «м» р а в и и м у т л а к , садоноки «а» м а ч р о , хамсадои «н» в а с л ва хамсадои «д» х у р у ч аст. Чун дар ин кофия харфи охири- ни решагй, яъне равй (харфи «м») бо харфхои баъди он омада часпидааст, онро кофияи мутлак меноманд.

Кофияи мутлак нисбат ба к о ф и я и м у к а й я д навъхои зиёд дорад ва харфхои асосии он васл, хуруч, мазид, нойира мебошанд. Дар кофияи мутлак илова бар харфхои хоси он васл, хуруч, ма­зид, нойира харфхое, ки дар кофияи мукайяд иштирок мекунанд- мисли таъсис, дахил, ридф (ридфи муфрад ва ридфи мураккаб) низ меоянд. Мисол барои кофияи мутлак бо хазв, кайд, равии мутлак, мачро, васл ва хуруч:

Мардони кабила рахт бастанд В-аз арса хама берун нишастанд.

Вазни ин байт Хдзачи мусаддаси ахраби макбузи максур буда, калимахои «бастанд»-у «нишастанд» кофияи онро ташкил меди- ханд. Чузвхои «-астанд»-и харду калимаи кофия решай онанд, ки садоноки кутохи «а» х а з в , хамсадои «с» к а й д , хамсадои «т» р а в и и м у т л а к , садоноки «а» м а ч р о , хамсадои «н» в а с л ва хамсадои «д» х у р у ч мебошад.

Хамин тарик, харфхое, ки баъди равй дар решай кофия мео­янд, ба гурухи харфхои кофияи мутлак дохил мешванд ва онхо чортоянд: васлу хуручу мазиду нойира. Холо хар кадоми онро ба таври мухтасар шарх медихем.

1. Васл калимаи арабист, маънои лугавиаш пайвастани чизе ба чизи дигар, часпондан буда, дар илми кофия номи яке аз харф­хои решагист, ки баъди харфи р а в й омада, бо он пайваст шуда бошад.

187

Хамин тарик, хамсадохо, садонокхои дароз ва харфхои ётбар- сар (й, е, ю, я) ба вазифаи васл омада метавонанд.

Мисол:Агар он турки шерозй ба даст орад дили моро,Ба холи хиндуяш бахшам Самарканду Бухороро.

Дар ин байти Хофиз (вазнаш - Хазачи мусаммани солим) ка­лимаи «моро» ва «Бухороро» кофия буда, чузви «-оро» решай кофия аст. Дар ин решай кофия харфи «о» равии мутлак, харфи «р» в а с л ва харфи «о»-и охир хуруч аст.

Мисоли дигар:Ч,они ширин, ин кадар чангам макун,Ин кадар бехуда дилтангам макун.

Дар ин байти Мирзо Турсунзода (вазнаш - Рамали мусадда- си махзуф) калимахои «чангам» ва «дилтангам» кофия, чузви «-ангам»-и харду калима решай кофия мебошад, ки садоноки кутохи «а» х а з в, хамсадои «н» к а й д , хамсадои «г» р а в и и м у т л а к , садоноки кутохи «а» м а ч р о ва хамсадои «м» васл мебошад.

Садонокхои кутохи «а», «и» ва «у» баъди харфи равй оянд хам, васл шуда наметавонанд, зеро онхо дар алифбои арабй харф не, балки харакатанд. Агар в а с л аз хамсадо иборат бо- шаду пеш аз вай садоноки кутох омада бошад, дар он сурат. садоноки кутохи баъди равй омадаро мачро меноманд.

Мисол:Хаёли руи ту дар коргохи дида кашидам,Ба сурати ту нигоре надидаму нашунидам.

(Хофиз)Дар ин байти Хофиз (вазнаш - Мучтасси мусаммани мах-

бун) калимахои «кашидам» ва «нашунидам» кофия, чузви «- идам» решай кофия буда, харфи «и» ридфи муфрад (аслй), хам­садои «д» равии мутлак, садоноки кутохи «а» м а ч р о в а хам­садои «м» васл мебошад.

Агар шеър бо кофияе тамом шуда бошад, ки харфи охири онро садоноки «а» ташкил додааст, дар он сурат ин садонок вази­фаи васлро ичро кардааст.

Масалан, дар ин байт:Ашке чу лаъл резад он лаб маро зи дида,Дар шиша харчи бошад, аз вай хамон чакида.

( Камол )

188

Вазни ин байт Музореъи мусаммани ахраб буда, калимахои «дида» ва «чакида» ба вазифаи кофия омадаанд. Дар ин кофия чузви «-ида» решай кофия мебошад, ки харфи «и» р и д ф и м у ф- р а д, харфи «д» р а в и и м у т л а к ва харфи «а» васл аст.

Хуруч калимаи арабист, маънои лугавиаш берун шудан, бе- рун рафтан буда, дар илми кофия номи яке аз харфхои реша- гист. Хуруч харфи хамсадоест, ки дар решай кофия баъди харфи в а с л омада бошад. Мисол:

Ба давлат касоне, ки афрохтанд,Ки точи такаббур биандохтанд.

( Саъдй)Дар ин байти Саъдй (вазнаш - Мутакориби мусаммани мак­

сур) калимахои «афрохтанд» ва «биандохтанд» кофия, чузви «-охтанд» решай кофия буда, харфи «о» ридфи муфрад, харфи «х» ридфи мураккаб, харфи «т» равии м у т л а к , садоноки кутохи «а» м а ч р о , харфи «н» в а с л ва харфи «д» х у р у ч аст.

Такрори хуруч дар кофия хатмй буда, тамоми шоирони гу- зашта ва имрузаи форс - точик аз ин коида берун нарафтаанд.

Мисол:Падарро муждаи давлат расонед,Дилашро з-оташи мехнат рахонед.

(Ч,омй)Дар ин байти Ч,омй (вазнаш - Х,азачи мусаддаси максур) ка­

лимахои «расонед»-у «рахонед» кофия, чузви «-онед» решай кофия буда, харфи «о» р и д ф и м у ф р а д , харфи «н» р а в и и м у т л а к , харфи «е» в а с л ва харфи «д» хуруч аст.

Мазид низ калимаи арабист, маънои лугавиаш зиёдшуда, аф- зуншуда, афзунй дар чизе мебошад. Дар илми кофия яке аз харф­хои решагии кофияро гуянд, ки баъди хуруч омада бошад.

Мисол:Ин дил, ки ба суи дилбаре бастемаш,Х,арчанд гусаст, боз пайвастемаш.

Дар ин байт (вазнаш - Хдзачи мусаммани ахраби макбузи абтар) калимахои «бастемаш»-у «пайвастемаш» кофия, чузви «-астемаш» решай кофия мебошад. Дар ин решай кофия садо­ноки кутохи «а» х а з в , хамсадои «с» к а й д , хамсадои «т» р а- в и и м у т л а к , ётбар сари «е» в а с л , хамсадои «м» х у р у ч , садоноки кутохи «а» н а ф о з ва хамсадои «ш» мазид аст.

189

Такрори м а з и д дар кофия хатмй буда, иваз намудани он бо харфи дигар чоиз нест.

Нойира (нойир) калимаи арабист, маънои лугавиаш шуъла, оташ; раманда, гурезанда мебошад. Аслй калимаи нойира аз н и в о р аст ба маънои рамидан ва дур шудан.

Мисол:Г ар дил зи гами ёр напардохтанистеш,Бо у ба хама вукух дарсохтанистеш.

Дар ин байт (вазнаш - Х,азачи мусаммани ахраби макфуфи максур, хашви дуюми мисраъи дуюм - ахраб) калимахои «на­пардохтанистеш» ва «дарсохтанистеш» кофия, чузви «-охта- нистеш» решай кофия мебошад, ки харфи «о» р и д ф и м у ф ­р а д , харфи «х» р и д ф и м у р а к к а б , харфи «т» р а в и и м ут- л а к, садоноки кутохи «а» м а ч р о , харфи «н» в а с л , садоноки кутохи «и» н а ф о з, харфи «с» х у р у ч, харфи «т» м а з и д ва харфхои «е»-ю «ш» н о й и р а мебошад.

Агар дар кофия баъди мазид ду ё се харф омада бошанд хам, хар кадоми он вазифаи нойираро ичро менамоянд.

Нойира аз чумлаи харфхои камистеъмоли кофия буда, дар ашъори шоирон гох-гохе дучор меояд.

Намунахо барои харфхои кофияи мутлак:1. Мисол барои харфи в а с л :

Муарраф ба дилдорй омад бараш,Ки дастори козй нихад бар сараш.

(Саъдй)2. Мисол барои харфи х у р у ч:

Дарде, ки дилам дид зи хачри ту, кй дидаст?В-онхо, ки зи зулфи ту кашидам, кй кашидаст?

(Бисотии Самарканда)3. Мисол барои м а з и д :

Дилам аз нестй чи тарсонест,Танам аз офият харосонест.

(Масъуди Саъд)4. Мисол барои н о й и р а :

Он мах, ки ба чашмаи мехр дидастемаш,Аз чумлаи некувон гузидастемаш

(аз «Рисолаи к,офия»-и Цомй)

190

САВОЛ ВА СУПОРИШХО

1. Кофия чанд навъ аст?2. Кадом навъи крфияро крфияи мутлак; меноманд?3. Калимахри крфияи байти поёниро ёфта муайян кунед, ки онхр ба кадом навъи крфия тааллук, доранд?

Бинохои обод гардад хароб Зи борону аз тобиши офтоб.

4. Харфи равй бо навъхри крфия чй иртибот дорад?5. Маънихри лугавй ва истилох,ии васлро гуед.6. Хуруч баъди кадом х,арфи крфия меояд?7. Оё такрори х,арфи хуруч дар решай крфия х,атмист?8. Дар байни хэрфхри хуруч ва мазид чй гуна иртибот аст?9. Маънифи лугавй ва истилох,ии нойираро гуед.10. Агар баъди х,арфи мазид дар решай крфия ду-се х,арфи дигар омада бошад, онхрро чй меноманд?11. Дар байти зер кадом х;арфх,ои крфия омадаанд?

Савдои ту аз сина фуру рафтанийаст В-он гах, сухани ту низ ногуфтанийаст.

12. Харфхре, ки дар сохтани крфияи мутлак, иштирок мекунанд, кадомхрянд?13. Байте гуед, ки дар он х,арфи васл омада бошад.

191

Г У Л Х А Н И

Зиндагонщо ба рагми да.^рто кай, Гулханй,

Чанд гуй ёр бераумуфалак ноошно.

Адиби зуллисонайн, шоир ва нависанда Мухдммадшарифи Гулханй дар таърихи адабиёти точик хам дар шаклхои гуногу­ни назм ва хам дар наср мавкеи намоён дорад. Номи адиб Му- хаммадшариф ва тахаллуси адабии у «Гулханй» буда, дар ин бора Фазлии Намангонй дар «Мачмуаи шоирон» мегуяд:

Хушо, Гулханй шоири пурфан аст,Чи гулхан, ки зеботар аз гулшан аст.Зи девонахуиву оташфанй,Тахаллус нихода ба худ «Гулханй»Газалхо навишта латифу равон,Ба дастури алфози кухистон.Ки буданд ачдоди у дар диёр,Писандидаи мардуми кухсор.

Гулханй зодай дехаи Булкоси Каротегин буда, такрибан со­лхои 70-уми асри XVIII ба дунё омадааст. У солхои 90-уми асри XVIII ба шахри Намангон меравад. Аз сабаби тангии маишй шоир тахсилро пурра фаро гирифта наметавонад. Баъдхо бо фар- мони амир ба касби сипохигарй чалб карда мешавад. Сипохи- гарй барои Гулханй хамчун мактаби хаётй бисёр масъалахои гу­ногуни рузгору зиндагиро ёд медихад ва шоир аз ин мактаби хаётй бахрахо бардоштааст. Пас аз чанде Гулханй ба дарбори Умархон рох меёбад ва ба доираи адабии Куканд мепайван- дад. У тадричан ба амир Умар таваччух пайдо намуда, ин хоким- ро одил ва саховатпеша ном мебарад ва мадх мекунад. Вале бо

192

МУРУРИ вакт мебинад, ки пиндораш хатост, зеро ба мехнати шоир ба назари хайрхохона нигох намекунад:

Хунар харчанд ин чо метаровад аз хар ангуштам,Зи бахти норасо коре надорад бо зар ангуштам.

Мухаммадшариф ба шеър таваччухи зиёд дошта, хеле бар- вакт ба эчоди он майл кардааст. У дар ибтидо «Гулханй» та- халлуе интихоб карда будааст. Сарчашмахо инчунин таъкид менамоянд, ки у баъдхо ба худ тахаллуеи «Ч,уръат»-ро муно- еиб медонад ва бо ин тахаллус эчод мекунад.

Фазлии Намангонй («Мачмуаи шоирон») оид ба тахаллуеи аввалини Мухаммадшариф ва шахсияти у бахс ба миён оварда мегуяд:

Зи мулки кухистон бувад Гулханй,Кунад пахлавонй зи неруманй.Ба даргохи султони гетипанох Хавохох хам шоиру хам сипох.

Умуман, зиндагии шоир чандон мувофики максад набуда, дар ашъори махфузмондааш низ дойр ба ин чихат ишорахои фаро- вони худи адиб ва сарчашманигорон ба мушохида мерасад. Маса­лан баъзе ишорахои Фазлй низ бисёр лахзахои зиндагии ичти­моии Мухаммадшарифро равшан месозад:

Сипохигарй кард, рохат надид,Ки осоиш аз ранчу мехнат надид.Мурувват накардй ба холаш амир,Басе бенавой кашид он факир.Ки аз тангдастй ба чон омадй,Зи бемоягй дар фигон омадй.

Поёни умри Мухаммадшарифи Гулханй дар Куканд гузашта, ба даврони хукмронии Мухаммадалихон (1822-1842) рост омада­аст. Ин амири бетадбир ба катли Гулханй фармон додаает. Вафо­ти шоир ба хамин тарик, солхои 1826-1827 иттифок аф годааст.

М ЕРО СИ АДАБИИ ГУЛХАНЙ

Чунон ки каблан таъкид шуд, Г улханй бо ду забон-точикй ва узбекй, дар ду навъи адабй: назм ва наср аз худ андак бошад хам, мероси адабии пурмухтаво ба ёдгор гузоштааст. Хол° аз ин адиб чанд газалу як касида ва як киссаи тамсилй бо номи «Зарбулмасал» ба забони узбекй маълум аст. Яъне аниктараш

193

12 газал у як касида ва аз 12 газал 7-то ба забони тоники ва 5 то ба забони узбеки эчод гардидааст:

Фаъолияти адабии Мухаммадшарифи Гулханй хангоми тах- сил ва сипохигарй бо эчоди шеърхои лирикй огоз гардидааст.

Мухаммадшариф бо тахаллусхои «Г улханй» ва «Чуръат» эчод кардааст. Мавзуи газалиёти Гулханй суннатй буда, ишку исёнхои ботинии инсон, васфи хусну чамоли махбуба, нозу ифтихори у, садокати ошику бемехрии маъшука, дарди хичрону сузи фирок ва гайра мебошад. Яке аз мавзуъхои дустдоштаву марказии ашъ­ори шоир хачву истехзо, тамасхуру танкид аст. Вале дар хар су­рат, дар газалхои шоир ишку масоили дигари ичтимой бештар мавкеъ дорад.

Чунончи:Ай бути ширинлабу симинтану рангинкабо,Пой то cap чилваи макру фану нозукадо.Мазхари чавру чафову зулм, хам бедоду кин Дар сипехри дилрабой мохи бемехру вафо.Мубталои холу зулфу оразу чашми ту буд Хиндуву кашмирию римиву туркони Хито.3-оташи шамъи рухат парвона бесабру шикеб,Хусн - саркаш, ишк - голиб, ман - забун, дил - бенаво.Гар набошад ёди мижгонат ба дасти у асо.Аз тапиданхои дил дар гуш меояд садо.Зиндагонихо ба рагми дахр то кай, Гулханй,Чанд гуй ёр берахму фалак ноошно.

Газали мазкур аз руи мавзуъ ва мазмуну мухтаво ишкй, ичти­мой, шиквой буда, бемехриву берахмии махбуба, маккориву чафопешагии у ба тасвир омадааст.

Аз нигохи хунарй эчод низ газали боло хуб аст. Шоир аз санъ- ати таносуби сухан, тавсиф, ташбех, муболига, тазод, истиора, киноя, мачоз, чамъу таксим, нидо ва гайра нисбатан хуб кор гирифтааст.

Аз нигохи хусусиятхои шаклй низ газал нисбатан чолиб эчод гардидааст. Шоир дар ин газал радифро ба кор набурда, дар он калимахои рангинкабо, нозукадо, вафо, Хито, бенаво, асо, садо, ноошно хамкофия шудаанд. Аз нигохи навъхои кофия, кали­махои кофияшуда бо равй «о» тамом шудаанд ва аз ин ру, шак- ли кофия мукайяд аст.

194

Газал дар бахри Рамали мусаммани мах,зуф ё максур иншо гардидааст, ки афоъили он чунин мебошад:

- у - - / - у - - / - у - - / - у - ( ё худ: - v ~) яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун ё ин ки фоъилон.

Мухаммадшарифи Гулханй умуман дар хунари газалсарой чандон бад нест, зеро эчодиёти ин шоир низ дар заминаи суннати ниёй зухур кардааст.

Аз газалхои махфузмондаи точикии у маълум мешавад, ки шоир газалхои ишкии худро бо охангхои бисёр кавии ичтимой дар омехтагй эчод намудааст:

Гудозу сузу дарду дог з-инсон бар ман аст имшаб,Чу шамъ огозу анчоми ман аз худ рафтан аст имшаб.Зи ман уммеди накди дину дил дигар бувад нодир,Чароги корвонам гуй чашми рахзан аст имшаб.Баёзи гардани сокй тачаллигохи махфил шуд,Гилеми тури моро гуй водй Айман аст имшаб.Зи ноям барфикандй, по ба поят ман cap афкандам, Барафкан парда аз рухсор, афкан-афкан аст имшаб.Кулах бишкаст сокй, мухтасиб паймонаи майро,Ту бишкан фарки он бадхуй, бишкан-бишкан аст имшаб. Ба имшаб-имшабам додй навиди васл дере шуд,Ханузам гуш дар рохи ту чашми равзан аст имшаб.

Газали боло дорой шаш байт буда, аз нигохи мазмуну мухта- во ишкй-ичтимоист. Газал аз охангхои тасаввуфй низ холи нест. Зеро шамъ барин сухтану аз худ гузаштан ва фуруравй ба хо- тири тачаллии махфил ифодахои суфиёна мебошад. Чанбаи хуна- рии газал низ чандон бад нест. Шоир аз санъатхои бадеии тано- суби сухан, ташбех, мачоз, киноя, истиора, муболига, тазод, тав- сиф, талмех ва гайра хуб кор гирифтааст.

Аз нигохи хусусиятхои шаклй низ газали зикршуда чолиб аст. Газал мураддаф буда, калимахои «аст имшаб» радиф аст, зеро аз огоз то анчом такрор мешавад. Радифи мазкур мураккаб мебо­шад, зеро аз ду калима иборат аст. Калимахои радифшуда бори гоявии шеърро бар ухда гирифтаанд.

Дар газали зикршуда калимахои ман, рафтан, рахзан, Ай­ман, афкан, бишкан, равзан хамкофия шудаанд. Аз сабаби он ки кофияшавандахо бо харфи равй «н» ба охир мерасанд, ин навъи кофияро кофияи мукайяд мегуянд.

195

Аз нигохи вазн, газали зикршуда дар бахри Хазачи мусам­мани солим эчод гардидааст, ки афоъили он чунин аст:

v ---- /V ----- / V----- / V-----яъне, мафоъйлун, мафоъйлун, мафоъйлун, мафоъйлун.

Дар ашъори Мухаммадшарифи Г улханй хачву истехзо, мазам- мату танкид низ макоми махсус дорад. Ин чанбаъ хам дар назм ва хам дар наср ба хубй мушохида карда мешавад. Масалан, шоир бо радифи «бидех» газале дорад, ки кофияву радиф дар он на танхо вазифаи хушохангиву хотирмонй, равонию дилнишинй, чолибию чаззобй дорад, балки беш аз он бори гоявию маъной мекашад.

Чунончи:Хазратам, аз гушнагй мурдам, ба ман нунам бидех, Кофирам, гуям агар инам бидех, унам бидех.Гандуму мошу биринчам дех, ки даркорй хамуст.Ман намегуям акику лаълу марчунам бидех,Бар танам як лог дору ишкамам пур кун зи нун,Бо ту, биллах, май намегуям, ки имунам бидех.Аз тихидастй агар нукар мурад хайф аст, хайф,Ай, табиби хозики нукар, ту дармунам бидех.Чума деху нун, зи ранчу фока мегардон халос,Кай туро гуфтам, ки бар ман ганчи Корунам бидех.Аз тагуёни дарат кас нест чун ман беасос,Хавливу богу сарову касру айвунам бидех.Гулханиро ай катури баччамардон кам мадон,Футтаву шофам бидех, аспам бидех, тунам бидех.

Хусусан, бори гоявию мавзуй ва маъноиву мундаричавй бар душ доштани радиф дар газали боло аз он хам маълум мегар­дад, ки дар мисраи интихоии газал калимаи радифшуда бидех се дафъа таъкид карда мешавад. Яъне максади шоир аз зикри ашёи зарурй хамин аст, ки бо он эхтиёч дорад. Аз ин ру, ин калима эхтиёчи кахрамони лирикиро конеъ мегардонад.

Аз нигохи хунарй, албатта, ин чолиб аст. Аз тарафи дигар, чанбахои дигари хунарии шеър, масалан, коргирй аз санъатхои бадей хам хеле писандида мебошад. Шоир аз санъатхои бадеии таносуби сухан, нидо, тазод, муболига, мачозу киноя, тавсиф, ташбеху истиора ва гайра хуб истифода кардааст.

196

Хусусиятхои шаклии газал низ хеле чолиб аст. Шеър мурад- даф буда, чунон ки ишора кардем, калимаи бидех радиф карор дода шудааст. Ин калима эхтиёчоти номбаркардаи адибро фаро мегирад. Аз ин ру, бори хддафй низ бар ухда дорад.

Кофияхои газали мазкур: нунам, унам, марчунам, имунам, дармунам, Корунам, айвунам ва гайра мебошад.

Аз нигохи сохтор кофияхои интихобшуда мутлак буда, пас аз равй - «н» унсурхои дигар низ хает:

Вазни газал низ чолиб аст. Он дар бахри Рамали мусаммани махзуф ё максур эчод шудааст. Аз нигохи афоъил он чунин аст:

яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун ё ин ки фои- лон мебошад.

Умуман, лирикаи Гулханй аз нигохи мазмуну мухтаво ва мав- зуъи ишкй, ичтимой ва хачвй буда, дар он унсурхои шеваи гуф- тугуии мардумони кухистони точик хеле мавкеъ дорад.

.< J ЧТ.> ЛМ U \ I > лпнзуъ in M \ n i > m \ i v \ i \ в о и о н

Хачву истехзо ва танкид яке аз мавзуъхои човидонаи адаби­ёти бадеист. Ин суннати адабй дар адабиёти охири асри XVIII ва огози асри XIX хеле маъмул буд. Махз чунин талаботи хаёт дар он рузгор «Зарбулмасал»-и Гулханй барин асархои чавоб- гуи даврро ба миён овардааст.

«Зарбулмасал»-и Гулханй асари насрй-тамсилй буда, хада­фи нависанда аз эчоди асар бевосита танкиди салтанати амир Умархон набудааст. Ин асари мансури Гулханй ба забони узбекй таълиф шудааст. Муаллиф асосан аз хикоёти «Калила ва Дим- на» хеле хуб истифода карда бошад хам, бунёди хати сужай асар бар як хикояи «Махзан-ул-асрор» гузошта шудааст. Дар хикояи Низомй сачараи ду бумро мушохида намудани Анушер- вон тасвир карда мешавад. Яъне дар вайронае ду бум ба хам сачара мекарданд. Зеро буме ба назди буми дигаре бо максади хостгорй омадааст. Мехохад барои писари худ духтари буми дигарро хостгорй кунад. Ба хамин тарик, дар хамин холат аз назди хамон макони вайрона Анушервон бо вазири донишман- ди худ Бузург-мехри Бахтакон мегузаштанд. Анушервон сача­раи бумхоро мушохида намуда аз вазираш мепурсад, ки гуш кун, то он ду парранда дар бораи чй сухбат доранд? Бузург-

197

мехр лахзае ба сачараи бумхо гуш дода, аз максади онхо боха- бар гардида, ба Аиушервони Одил мегуяд, ки онхо фарзандони худро хонадор кардан мехохднд. Бум барои ширбахои духта- раш панчох хазор дехи вайрона талаб карда истодааст. Буми дигар ба шумо ишора намуда гуфт, ки: - Агар хамин шахе шох бошад, сад хазор дехаи хароб хохам дод.

- Анушервон ин чавоби Бузургмехрро шунида хеле мутааееир мешавад, ки холо хам дар сиёсати пешгирифтаи мамлакатдории ман нуксонхо зиёд будаанд. Бояд аз паи ислохи нуксонхо шуд...

Гулханй дар хамин замина сухбати ду кабутари кудошаван- даро зикр намуда, ба ин восита амир Умархонро одилу адолат- парвар нишон медихад.

Образхои амалкунандаи асари Гулханй намояндагони та­бакахои гуногуни чамъият буда, нависанда нуксонхои онхоро хеле соддаву оддй фош месозад. Кахрамонхои асар чонвархои гуногун ва бештар паррандахо мебошанд. Образхои тамсилии асар: Бойуглй, Япалоккуш, Куркуш, Маликшохин, Худхуд, Шурнул ва гайра буда, хар кадом хислату характер, рафтору кирдор, муносибату гуфтори ба худ хос доранд.

Дар маркази асар амалиёти кудогии Япалоккуш ва писари у Куланкир султон ва инчунин Бойуглй ва духтари зебои вай Гу- нашбону меистанд.

Муаллиф писару падарро, ки ахли мехнатанд, чонибдорй ме­кунад. Маликшохин аз хизматхои Куланкир хуб розй аст. Вале Бойуглй марди магрур, худписанд, хавобаланд ва инчунин мум- сик аст. Аз ин чост, ки у Япалоккушу писари уро писанд намеку­над. Хатто Япалок кучову ман кучо? - мегуяд.

Агар сухан дар бораи шахсиятхои сиёсии давр, рухониён, амал- дорони муосираш равад, адиб ба образхои тамсилй: паррандахо, чонвархои дигарро ба кор мегирад. Агар сухан дар бораи та­бакахои дигари ичтимой: савдогарон, муфтихо, бакколон, суд- хурхо равад, Гулханй номи хакикии онхоро ба кор мебарад. Чу­нончи Саид Азимчони Суфй, Мухаммадкосим - даллоли ранг- фуруш, Мухаммад Аминхучаи муфтй ва дигарон, ки хар кадом бо ному касбу пешаашон зикр шудаанд. Усули корбурди хикояхо ва хикоясозй дар асари Гулханй ба «Калила ва Дим- на» монанд аст. М асалан, «Куркуши хостгор дар хузури Бойуглй хикояти Мухаммадкосими даллоли рангфурушро накл мекунад:

198

- Куркуш гуфт: Омади суханони ту ба Мухаммадкосими дал- лоли рангфуруш монанд аст, ки як руз барои деворзанй марди- кор андохтааст. Дар вакти иамози аср, хаигоми тахорат ба мар- дикор нигох карда истода токияшро ба оби равон афтондааст. У токияшро аз об гирифта натавониста товонашро аз мардикор гирифтанй шудааст. Баъд аз кор мардикор музд талаб карда­аст. Мухаммадкосим токии ман се танга буд, токии ту базур як танга аст. Бо як тангаи музди корат ду танга мешавад. Хакки як тангаи ман дар гардани туст. Зеро ман ба ту нигох кардам ва токиям ба об афтод. Акнун товони онро ту медихй. Боз як рузи дигар кор карда дех.

Дар ин хикоя образи даллол - манфй аст, ки ба образи мус- бат - мардикор мукобилгузорй шудааст. Дар асар порчахои шеърй ва хикояхои хурд-хурди манзум низ зиёданд. Аз чумла хикоёти «Сангпушт ва Качдум» (насрй), «Маймуни наччор» (манзум) мебошанд. Умуман, Гулханй аз хикоёти классикони дигари таърихи адабиёт истифода кардааст:

Мухим он аст, ки асари Гулханй барои соддабаёнй ва мак­таби вукуъгуии минбаъдаи (даврони шуравй) адабиёти точик заминаи хуб фарохам овард.

САВОЛ ВА СУПОРИШХО

1. Оид ба овони ч а в о н и и Гулханй чй медонед?2. Сабаби ба дарборхр рох ёфтани Гулханиро шарх дихед.3. Поёни умри Гулханй чй гуна сипарй шудааст?4. Аз осори адабии Гулханй чихо бок,й мондаанд?5. Кадом тахаллусхои адабии шоирро медонед?6. Мавзуъ ва мазмуни газалхои Гулханиро баён намоед.7. Газали «Ай бути ширинлабу симинтану рангинщабо» - ро азёд кунед.8. Мазмуни газали «Х,азратам, аз гушнагй мурдам, ба ман нунам бидехр-ро нак,л кунед.9. Мазмуну мухтаво ва хусусиятхои чудогонаи «Зарбулмасал»- ро баён намоед.10. Образхои тамсилии асар ва маънии ичтимоии онхоро шарх Дихед.

199

К О О Н И

Сухан газофа чй ронй зихусравони кух,ан,

Яке зи шавкати шох,и цах,онсарой сухан.

Адиби тавоно Мирзо Хдбибуллох мутахаллис ба Коонй 20-уми октябри соли 1808 дар шахри Шероз ба дунё омадааст. Падари у Мирзо Мухаммад Алй худ шоир буда, бо тахаллуси Гулшан шеър мегуфтааст. Гулшан аслан аз Кирмоншохон буда, баъдтар ба Шероз меояд. Дар овони мактабхонии Коонй падараш аз олам гузаштааст. Коонй баъдтар барои тахсил ба Исфахон рафта, си- пас бо шохзода Мирзо Шучоуссалтана - писари Фатхалишох дустй пайдо намуда, ба ин восита бо ёрии моддии шохзода барои тахсил ба Машхад меравад. Коонй худ мегуяд, ки дар Машхад зиндагиаш нисбатан хушхолона будааст. Чунончи, «... вахтам к,авй, кисаам фарбех,, хостаам зиёд», - ба ёд меорад шоир.

Ин ёрии модцй имкон медихац, ки Коонй ба омузиши илмхо боз хам чиццитар машгул шавац. Ин аст, ки Коонй ба омузиши илмхои гуногун хеле чиццй машгул шуца сарфу нахв, мантик, ба- цеъ, маонй, баён, ханцаса, хисоб, нучум, калом, фикх ва гайраро хамачониба меомузац. У аз илми мусикй низ комилан бохабар буцааст. Аз руи шахоцати сарчашмахо ва баъзе ишорахои тар- чумаихолии хули Коонй, у цар синни 16-17 - солагй илми аруз- ро аз худ мекунад. Сарчашмахо ба забондонии Коонй низ ишо- ра намуца таъкиц карцаанц, ки шоир забонхои арабй ва турки- ро хеле хуб мецонистааст. У цар хамин поя забонхои франсавй ва англисиро низ омухта буцааст. Х,атто Коонй ба писари 7 - солаи хуц Сомонй забони франсавиро то ба хадце бо тамоми

200

нозукихояш омузондааст, ки Сомонй дар он синну сол ба забо­ни мазкур озодона сухбат менамудааст.

Шеъргуии шоир хеле барвакт огоз гардида, у дар ибтидо бо тахаллуеи «Хабиб» эчод мекардааст.

Баъдтар шоир ба хидмати Хасаналй Мирзо, ки хокими Маш- хад буд, дохил шуда, се сол хидмат мекунад. Фарзанди Хаса- налй Мирзо Уктои Коон ном дошт ва шоир тахаллуеи худро аз Хабиб ба Коонй иваз менамояд. Баъдтар шохзодаро хокими Кирмону Язд таъин мекунанд ва Коонй низ ба ин макон меояд.

Коонй пас аз он ки бо Фатхалишох шинос мешавад, муддате хидмати уро ихтиёр менамояд. Фатхалишох ба шоир унвони эчодии мучтихидушшуаро дода, ба у тавачучи бештар зохир менамояд.

Соли 1835 дар Техрон Мухаммадшох ба тахт менишинад. Коонй худи хамон сол ба Техрон омада, ба хидмати у дохил мешавад. Мухаммадшох ба у лакаби «Хассон-ул-ачам»-ро ме­дихад, ки бахри сазовор гардидан ба ин унвон садри аъзам Х°Ч Мирзо Окосй мусоидат намудааст:

Худовандо, шунидам мар маро Хассон лакаб додй,Бале, Хассон бувад хар к-у, ту бигзинй зи эхеонаш. Кадомин фахр аз ин бартар, ки гуяд осафе чун ту Мухаммадшах Мухаммад хасту Коонист Хассонаш.

Коонй ду дафъа хонадор шуда бошад хам, дар зиндагии оилавй бахташ омад накард. Пас аз ранчу азобхои хеле тулонй, ки хам аз хар ду хамсараш ва хам аз хешовандони онхо дида буд, вай сахт бемор мешавад.

Мирзо Хабибуллохи Коонй сеюми майи соли 1854 вафот кар­дааст. Оид ба санаи вафоти ин адиби хушзавк шоире чунин мод- даи таърих гуфтааст:

Таърихашро яке бурун омаду гуфт:Сад хайф, ки рафт аз миён Коонй.

Коонй серфарзанд буда, яке аз писарони шоир Мухаммад Хасан адиби хеле рангинхаёл будааст.

Мухаммад Хасан аз овони хурдсолй ба шеъргуй машгул шуда, бо тахаллуеи Сомонй эчод мекардааст.

Ml РОС II ЧДАЬИИ KOOHI1

Коонй ба шеъргуй дар овони 11-12- солагй шуруъ намуда, аз худ осори адабии бое бокй гузоштааст. Мероси адабии мах-

201

фузмондаи Коониро беш аз сад хдзор байт донистаанд. Он осор асосан аз кдсида, газал, китъаоту рубоиёт иборат мебошад. Да- кикдн таркиби девони Коонй чунин аст: касида 330-то, газал 78-то, рубой 29-то, мусаммат 6-то, таркиббанд 13-то, тарчеъ- банд 1-то, китъа 155-то, маснавй 2-то.

ХУНАРИ КООНЙ ДАР КА С ИДА СЛРО П

Сабаби ба касида бештар ру овардани шоир он аст, ки шо­хони кочорй адабиётро асосан дар дарбор мутамарказ намуда будаанд. Аз ин ру, шоир ба максади бехбудй рузгорй хеш асо­сан ба эчоди касида камар бастааст. Х,УкУмати кочорй усули кишвардорй ва муносибат ба адабиёту адибонро мисли Газна- виёни давраи аввал ба рох монда буд. Аз ин чост, ки Коонй дар касида ба Унсурй, дар тарчеъбанд ба Фаррухй ва дар мусам­мат ба Манучехрй пайравй намудааст.

Коонй асосан касидахои мадхй сурудааст. У дар тагаззули як касидаи мадхии худ ба махбуба аз омадани фасли бахор, аз эхёи табиат ва зебоихои он, накхдти гулу лола, вазидани наси- ми гуворо, атрогин гардидани хаво ва резиши борони найсон ва гайра хабар медихад. Чунончи:

Ай турки ман, ай бахори чонафзо,Буркаъ бикаш аз рухи бихиштосо.К-аз боги бихишт навбахор инак Хамвор фуру чамид зй дунё.Иди ачамй ба фарри Фарвардин Дар сабза гирифт сохати габро.Бает абри сафед килла бар гардун Зад лолаи сурх хайма бар сахро.Домони чаман аз он пур аз луълу,Сомони замин аз ин пур аз дебо.Андар даман аз шакику озаргон В-андар чаман аз бунафшаву мино.Оварда бурун бахори луъбатгар,Аз парда хазор луъбати зебо.Навшоду хисор гашт, пиндорй,Бог аз гулу сарву сунбули буё.Хар субх орад сабо ба пинхонй,Бас нагз сувар зи хар карон пайдо.

202

Бозори Хутан шудаст, пиндорй Дашту даман аз шавохиди раъно.

ва гайра. Тагаззули мазкур, албатта, комилан ба тагаззулоти Фаррухй нарасида бошад хам, дар тасвири чузъиёти фасли ба- хор хеле хунармандона мебошад. Хусусан, дар мазмунсозй табъи баланд доштани шоир хис шавад хам, дар кор гирифтан аз ун­сурхои шаклй: вазн, кофия, радиф, матлаъсозй ва гайра чандон хунармандона нест. Алокамандона ба тасвири бахор, мавзуъхои дигари касидахои К,оонй васфи маю бодагусорй, мусикиву су- руд, таваччух ба махбуба ва умуман шодиву нишот яке аз мав­зуъхои марказии касидахои у ва хусусан тагаззулоти Коонй аст. Хатто тагаззули як касидаи шоир, ки ба васфи бахор ва чузъи­ёти он бахшида шудааст, 38 байтро дар бар мегирад.

Дар касидахои Кронй мавзуъхои шикоятиву эътирозй, тан- киду хачвй мисли шиква аз ноадолатихои рузгор, бадкории хасу- дон, бадгуихои ханнотону нотавонбинон, танкиди муфтхурону айёшон, хокимону сохибмансабон, амалдорон, хамкасбони хасадхур, калтабонхову авомфиребон ва гайра хеле хуб мушо­хида мешавад.

Касидахои Коонй гуногунмавзуъ буда, дар онхо панду ан- дарз, ситоиши шахсиятхои динию мазхабй, васфи инсони ко- мил, тасвири шахрхову касрхо, таргиби адлу одилй ва адолат- хохй, танкиди риёкорону мутаассибон, манзаранигориву хуш- гузаронии умр ва гайра ба назар мерасад. Масалан, баъзе каси- дахояш арзиши таърихй доранд, ки дар онхо ходисаву вокеахои таърихй, шахсиятхои сиёсй ва фаъолияти онхо, лашкаркашихо, фатху галабахо, кишваркушоихо ва гайра баён шудаанд. Яке аз хамин гуна касидахои шоир 268 байтро дар бар гирифта, калонтарин касида дар таърихи адабиёти форс-точик ба шумор меравад. Ё худ касидаи «Дар манкабати Алй», ки аз 337 байт иборат аст, аз касидаи каблан зикршуда хачман калон буда, достонро ба ёд меорад.

У дар пайравии Фаррухй касидае дорад, ки дар он вокеаи фатхи Гуриёну Хирот ба тасвир гирифта шудааст. Касидаи Фар­рухй «Фатхи Суманот» ном дошта, корномаи Махмуди Fa3Ha- виро дар бар мегирад, ки дар он киссахои шохони гузаштаро афсона мехисобад:

Фасона гашту кухан шуд хадиси Искандар,Сухан нав ор, ки навро халоватест дигар.

203

Коонй мегуяд:Сухан газофа чй ронй зи хусравони кухан,Яке зи шавкати шохи чахон сарой сухан.

Шоир галаба дар калъаи Гуриёну Х,иротро ба тасвир шриф­та, корномаи шохро ба зафару пирузй хангоми кишваркушоихо ба калам додааст:

Ба соли панчоху анд аз паси хазору дувист,Чу кард охуи ховар ба бурчи шер ватан.Ба азми чолиши афгонхудо зи Рай ба Х,ирот Сипах кашиду барангехт азмро тавсан.

Ин чо низ хайбати лашкари шохй ва васоити чангии у ситоиш карда шудааст:

Хазор бухтии сармасту хар кадом ба шакл Чу завраке, ки аз у чор лангар аст ован.Хазор ародаи гарданда тупи калъакушой,Чунон ки бар китфи бод садде аз охан.

Шоир лахзахои пирузии лашкари шох ва маглубияти хироти- ёнро чунин мавриди арзёбй карор медихад:

Яке анишаи маккорпеша бурд хабар,Ба марзбони Хари, к-ай хамеша ёрй механ:Шах аз Рай омаду бигирифт Гуриёну нарер,Ба шодй омаду дар чода чой дошт паран.

Шоир омодагии хиротиёнро ба мукобили ин хучум чунин баён кардааст:

Хам аз миёна гузин кард шаш хазор далер, Хужабрзахраву пулодпушу тогожан.

Ба хамин тарик, дар боби чй тавр таввасути сафорати Англия ёрй расонидан барои пешгирии минбаъдаи пахншавии чанги мазкур ва анчоми ин кишваркушой шоир чунин мефармояд:

Шунидаам, ки сафире зи англисхудой,Ду сол рафт, ки суйи Рай омад аз Ландан.Паём дех, ки малик гар гирифт мулки Харй,Инони Рахш нагирад магар ба мулки Дакан.На Кандахор бимонад ба чой, на Кобул,На Бомиён, на Лаховур, на Газна, на Парван.

Аз ин мухокимаронихо бармеояд, ки касоиди Коонй арзиши бисёр кавии таърихй низ доранд. Хонанда аз онхо бисёр лах­захои хассоси хаёти мадуми кишвар ва умуман Шаркро меому­зад, аз худ менамояд.

204

Ба админ тарик, Коонй дар шаклхои дигари шеърй: тарчеот, рубой, газал, мусаммат ва гайра низ панчаи кавй доштааст. Вале махз дар касида ва махсусан, касоиди мадхй Коонй шухра- ти оламгир дорад. Касоиди у мадхй бошад адм, арзиши волои таърихиро дороет.

М АВЗУЪ ВА М А ЗМ У Н И АС АРИ Н ЧГРИИ КО О Н Й - «II \PFIIJO H »

Коонй на танхо дар навъхои гуногуни адабии манзум: каси­да, таркиббанду тарчеъбанд, мусамматот, газал, рубой, китъа- от ва гайра, балки у дар наср низ табъи фавкулодда баланд доштааст. Агар у дар навъхои адабии манзум: дар касида ба Анварй ва Хоконй, Унсурй, Фаррухй; дар мусаммат ба Ману- чехрй; дар китъа бештар ба Анварй ва Саъдй; дар рубой ва та­рчеот ба Фаррухй дунболравй карда бошад, дар наср махз ба Саъдй пайравй намудааст. Ин аст, ки Коонй дар зери таъсири «Гулистон»-и Саъдй асари насрии худ - «Парешон»-ро таълиф менамояд. Гузашта аз ин асар Коонй номахо ва зиндагиномаи худро низ ба наср таълиф намудааст.

«Парешон»-ро К°онй дар овони 29-солагии хеш, соли 1836 таълиф намудааст. Дар асар зимни фасли «Сабаби таълифи ки- тоб...» аз Мухаммадшохи хоким (солхои салтанаташ 1834-1848) ёд карда мешавад, ки шояд китоб бо хохиши у таълиф шуда бо­шад. Коонй сабаби «Парешон» ном ниходани асари худро дар вазъи ногувору ноороми ахволи шахсии хеш медонад: «чидду хазле чанд дар хам рехтам ва бархе назму наср бо хам омехтам ва он чамъро ба муносибати холи худ «Парешон» ном ниходам».

Сохтори асар чунин наст: Мукаддима, фасли «Сабаби таъ­лифи китоб», кисмати асосй ва хотима. Кисмати асосии асар дорой 123 хикоят буда, ба масъалахои гуногуни ахлокй, тарби- явй, ичтимой, сиёсй, инсондустиву накукорй, саховатмандию баландхимматй, сабру тахаммул, дустиву рафокат ва гайра бахшида шудааст. Аз сабаби он ки «Парешон» зери таъсири «Гулистон»-и Шайх Саъдии Шерозй руи кор омадааст, дар он тарбияи инсон ва адолату адолатхохй аз масъалахои марказй ва асоситарин х,исоб мешаванд.

Усули офариниши хикоят дар «Парешон»-и Коонй мисли «Гу- листон»-и Саъдй мебошад. Яъне хар як хикоят бо порчахои шеърй, бештар бо китъаот зеб дода мешавад. Вазифаи порахои

205

шеърй, ки голибан дар интихои хикоят оварда мешаванд, так- вияту пуррасозии маънии хикоёт, муассириву чозибанокии он мебошад. Х,ар он маънию максаде, ки дар хикоя дарч гардида­аст, таввасути иорахои шеърй асоснок карда мешаванд, ки ди­гар хонанда комилан аз мутолиаи он каноатмандй хосил мена­мояд ва чуну чаро намекунад. Барои мисол ба хикояте аз кито- би «Парешон»-и Коонй мурочиат мекунем:

Подшохе аз сохибдиле суол кард, ки аз подшохон чй монад?- Гуфт:Як чиз, валекин ба ду сифат.Пурсид, ки он кадом аст?Гуфт:-Ном, ки чун адлу эхсон кунанд, ба некй ва илло ба зиштй.

Хазор сол, ки Заххок подшохй кард,Аз у намонд ба чуз номи зишт дар олам.Агарчи давлати Кисро басе намонд, вале Ба адлу дод шудаш ном дар замона алам.

Коонй адлу зулмро бо образхои шохони таърихй Анушервон, Х,отам, Х,аччоч ибни Юсуф ва гайра ба таври мукоиса зикр на­муда, афзалияти адлро бар зулм, бартарии одилро аз золим ни­шон медихад. Х,икояти мазкури Коонй бо андаке ихтисор дойр ба ин мавзуъ хеле чолиб аст:

Подшохе кисаи тамаъ духта ва анбони хирс аз шахвати зо- лимон андухта, бад- ин сабаб чониби мазлумон нагирифтй ва насихати носехон напазируфтй...

Хадяи золим ар ситонад шох,Донишу чашму гуш хира шавад.Доди мазлумро бигир аз у,Субхи умраш чу шоми тира шавад.

Аз ин лахзахои хикояти мазкур маълум мешавад, ки пояи зулм дар хама давру замон ва дар хама гуна холат бебакою ноустувор будааст. Баръакс, бунёди адл ва арзиши адолат ва накши одил дар хама гуна чомеъа ва дар хама гуна давру замон устувору побарчо, бобакову пойдор аст.

Азбаски «Парешон» асари ахлокй-тарбиявист, пас ситоиши хислатхои хамида: инсондустй, халкпарварй, ватанхохй, некй ва некукорй, саховатмандй, олихиматй, адолатпарварй , илмдустй, хоксорй, фурутанй, хайрхохй, некандешй, пуртамкинй, тахаммулкорй, дурандешй, пурсабрй ва гайра дар он бо тамо- ми чузъиёт ба тасвир гирифта шудааст.

206

Хислатхои разила аз кдбили: бадй, бадандешй, кибр, гурур, золимй, худхохй, мардумозорй, горатгарй, катлу куштор, сабук- фикрй, кутохназарй, дунхиматй, такаббур, рибохорй, ришваси- тонй, авомфиребй, калтабонй, даюсй, нокасй, бодахорй, майпа- растй, муфтхурй ва гайра дар ин асар хеле ба таври чилдй мах- кум карда мешаванд. Масалан, дар ин хикоят, ки мастию бода- парастй хамчун унсурй дуркунандаи инсон аз акл ва аз хадди одамй ба тасвир гирифта мешавад, хеле мухокимаронии чолиб ба назар мерасад. Хонанда мавкеи адибро ба тезй хис карда ме- тавонад. Ин хикоят «Бодапаймои тавбакор» ном дошта, басо хазломезу хачвй ба назар мерасад. Дар ин хикоят симои нохуши бадмасте тасвир шудааст, ки бодай дусола обруву эътибори си- солаашро бархам задааст ва дар охир уро ба марг расонидааст.

Дар асар, албатта, таъсири дин ва тасаввуф хуб хдс карда меша­вад. Дину тасаввуф хамчун ду омили марказию безарари тарбиявй- ахлокии инсон каламдод мегардад. Бояд гуфт, ки «Гулисгон»-и Саъдй ба таърихи адабиёт хамчун як кашфиёти нодири адабй ворид шуда­аст. Аз ин ру, «Гулистон» ба адабиёти давр ва минбаъда таъсири фаровон гузонгга, «Нигористон», «Хористон», «Бахористон», «Па- решон» барин асархо бевосита дар пайравии «Гулистон» таълиф шу­даанд. Яке аз чунин асархо, чунон ки каблан низ ишора намудем, «Парешон»-и Коонист. ки охирин чавобия ба асари Саъдист.

Ин асар хам дар шакл (сохтору таркиб) ва хам дар мазмуну мухтаво ба «Гулистон» монанд аст, вале дар арзиши адабй - эстетикй, таъсирнокии мазмуну мохият, хунари эчоду санъати баён, чозибияти сухану махбубияти ифода, бахрабардорй аз мутолиаи он ба асари Саъдй баробар шуда наметавонад. Саъдй ягона адибест, ки дар назму насри адабй - бадей макому мар- табаи якхела дорад. яъне у он мавкее, ки дар шеър дорад, айнан хамон пояро дар наср низ сохиб аст.

Коонй низ шоири тавоно ва нависандаи забардаст мебошад. Агар макоми Коонй ва хунари ин шоир дар назму шеър ва санъ­ати эчодии у дар наср бо эчодиёти Саъдии Шерозй мукоиса кар­да шавад, хеч гох Коонй хамрадифи Саъдй шуда наметавонад. Х,ол он ки то замони Коонй назму насри форс-точик марохили комили камолот паймуда, тачрибаи фаровони эчодй мавчуд бу­дааст. Албатта, он ашъореро, ки Коонй аз Мавлавй зикр кар­дааст, дар назар дошта намешавад. Аз хама мухим он аст, ки «Гулистон» аз мукаддима, 8 бобу хотима иборат аст, вале ин

207

низом дар «Парешон» нест ва шояд унвони асар ба мухтавои он (дар нисбати «Гулистон») низ ишорае бошад.

Сохтори хикояхо низ дар ин ду асар яксон нест. Хикояхои Саъдй хеле кутох, пурмазмун, сертаъсиртар ва аз нигохи хунар хам басо хунармандонаву чолибанд.

Ин тарзи офариниш дар асари Коонй нисбатан заъиф ва аз нигохи хунар сусттар аст. У бештар хикоятхоро тулонй баён на­муда, хадафро кашол медихад.

Дар асари Саъдй санъати дустдоштаи у дар баёнаш насри му- саччаъ аст, ки аз сачъ хеле хуб кор мегирад. Ин холат дар асари Коонй каме костааст. Сачъро Коонй хеле зиёд ба кор мебарад, вале тулониву маснуъ. Хонандаро хаста мекунад, зеро дарки маъ- но каме душвор мегардад. Саъдй дар хикояи нищие менависад:

- Порсоеро дидам ба мухаббати шахсе гирифтор, на токату сабр ва на ёрои гуфтор»...

Коргирй аз сачъ дар «Парешон» чунин сурат гирифтааст: «Дар фасли зимистон, ки хаво бурди бард пушидан гирифт ва

чашмаи чашми сахоб чушидан, нафас дар халк танг шуд ва мардуми чашм дар чашми мардум санг».

Бо вучуди ин хама, Коонй дар таърихи адабиёт бо таълифи ин асар суннати адабиро эхё кард ва чун охирин чавобиягу ба «Гулистон» машхур шуд. Беш аз ин, Коонй бо эчоди ин асари худ ба насри реалиста ва рушди адабиёти маорифпарварй так- вияти махсус бахшид.

САВОЛ ВА СУПОРИ1Щ О

1. Оид ба овони чавонии к;оонй чй медонед?2. Коонй ба чуз забони модарй боз кадом забонхри Шарку Гарб- ро медонист?3. Коонй бо кадом шохрни крчорй иртиботи наздик дошт?4. Поёни умри шоир чй гуна сипарй шудааст?5. Оид ба мероси адабии Коонй маълумот дихед.6. Сах,ми Коонй дар к;асидасарой чй гуна аст?7. У дар к;асоиди мадхй бештар ба ких,о пайравй кардааст?8. Сах,ми Коонй дар тах,аввули насри адабй чй гуна аст?9. Оид ба умумият ва тафовути «Гулистон» ва «Парешон» Hatyi кунед.10. Симои майпарастон дар х,икоёти «Парешон» чй гуна аст?

208

АДАБИЁТИ НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX

ВАЗБИЯТИ СИЁСИИ ОСИЁИ МИЁНА

Нимаи дуюми асри XIX дар хдёти халкхои Осиёи Миёна дав- раи нави сиёсй мебошад. Зеро Россия аз ибтидои асри XVII бо Осиёи Миёна робитахои тичоратй дошт. Аврупои Рарбй низ ба Шарк таваччух мекард. Хусусан, Англия мехост нуфузи худро дар Осиёи Миёна бештар намояд.

Дар нимаи дуюми асри XIX як катор тагйироти сиёсй дар каламрави Осиёи Миёна ба вукуъ пайваст. Ин иртиботи тара- файн боиси зухури баъзе мушкилот ва омилхои монеъшавии ма- молики дигари гарбй низ мегардид. Авзои сиёсии дохилии Осиёи Миёна низ хеле мураккабу печ дар печ буд. Хони Хуканд - Олим- хон бо максади ба давлати хонии худ тобеъ кардани Уротеппа понздах маротиба ба он чо лашкар кашид, амири Бухоро - На- сруллоххон дар тули бист сол барои тасарруфи нохияи Шахри- сабз сиву ду дафъа лашкар кашидааст. Дар ин чангхо калам­рави Мургоб, нохияхои Уротеппа, Хучанд, Фаргона ва дигар шахру навохии Осиёи Миёна хеле харобу заъиф гардида буд.

Хангоми лашкаркашии давлатхои парокандаи саркаш хазо- рон хазор одамон нобуд мегардиданд.

Хокимони хонигарихои Бухоро ва Хуканд кисми коршоя- ми мардуми вилоятхои забткардаашонро барои амалй наму­дани ниятхову накшахои худ истифода мебурданд. Масалан, амир Шохмурод аз музофотхои гуногуни Ургут, Зомин, Ч,из- зах, Уротеппа, Панчакент ва гайра шахсони дастандаркорро мухочир намуда, харобазорхои Самаркандро обод менамуд. Аз тарафи дигар, каламрави Осиёи Миёна таваччухи Англия- ро хам чалб карда буд. Аз ин нуктаи назар, зиёд гардидани нуфузи Россия барои халкхои Осиёи Миёна беахамият набуд. Аморати Бухоро, хонигарихои Хева ва Хуканд мунтазам бай- ни хам дар муносибати душманона буданд. Ин аст, ки Англия барои суст намудани нуфузи Россия дар Осиёи Миёна чораан- дешихо мекард. Холати пешомада Россияро хамачониба хушёр менамуд. Зеро бо роххои дипломатй ва ё иктисодй хал наму-

209

дани казияи мазкур аз имкон берун мегардид. Россия рох,и бех- будии ин пешомадхоро дар чорачуихои харбй медид. Соли 1864 миёни Хуканду Бухоро чанг буд. Россия соли 1865 Тошканд- ро ишгол кард. Махз ба хамин хотир, байни солхои 1865-1868 нуфузи харбии Россия дар ин сарзамин бештар гардида буд. Солхои 1865-68 Хуканд, Ч,иззах, Самарканд, Фаргона ба Рос­сия тобеъ карда шуданд. Амалан Хева ва Бухоро, ки истикло- ли сиёсй доштанд, ба Россия тобеъ карда шуда буданд. Ба хамин тарик, солхои 60-уми асри XIX Осиёи Миёна аз нигохи сиёсй ва чугрофй ба империяи Россия хамрох карда шуда буд. Дар Тошканд генерал - губернатори Туркистон ташкил ёфт. Натичаи ин руйдодхои сиёсй ангезахои зеринро пеш овард:

1. Низоъхои сиёсии дохилии хонигарихои Осиёи Миёна аз байн рафт.

2. Россия низ мавкеъи худро дар Ш арк аз нигохи стратегй тах- ким бахшид.

3. Россия нисбат ба Осиёи Миёна аз нигохи сиёсй, иктисодй, харбй пешрафта буд. Аз ин ру, дар кисмати шимоли Осиёи Миё­на холати гузаштан аз зироат ба саноат андаке бошад хам, чара- ён мегирифт.

4. Низоми фаъолияти бозорхо, бонкхо, ривочи тичорат, хоча- гии кишлок, рохло ва гайра андаке хам бошад назаррас гардид.

В АЗЪ ИЯ ТИ ИЛ МУ Ф А Р Х Л Н Г

Хамрох кардани Осиёи Миёна ба Россия на танхо дар чодаи сиёсату иктисодиёт тагйирот ворид сохт, инчунин дар сохахои илм, таълим, фарханг ва чомеъшиносй низ чунбишхо ба вучуд омад.

Россия аз нигохи техника, саноат ва ихтироъкорй нисбатан пешрафта буд, зеро дар он чо капитализм мархалахои баланди инкишофро аз cap мегузаронд. Дар чунин шароит ва бо чунин давлати нисбатан пешрафта хамрох кардани осиёи Миёна, ба хаёти илмй, фархангй ва адабии тарафайн албатта, таъсири му- такобила ба назар мерасад. Зеро бе ашёи хом рушди саноат низ аз имкон хорич мебошад.

Албатта, пас аз хамрохкунй дар хаёти илмй, фархангй ва адабй тагйиротхо рух додаанд. Вале ин холат ба тахсилоти мадрасавй таъсир нарасонида бошад хам, умуман дар систе-

210

май маорифи мардумй асар кард. Дар баъзе шах,рх,ои калони сернуфус мактабх,ои русии махдллй ташкил карда шуда буд. То аидозае забону адабиёти рус ва аврупой ба каламрави Осиёи Миёна (кисмати шимоли минтака) рох, меёфт. Зухури чдраёни маорифпарварй ва тачдиди назар ба фархднгу маънавиёт, усу- ли таълим, мактабу маориф, сох,ах,ои мухталифи афкори ичти­мой, хдёти адабй хеле хуб ба мушохида мерасид.

Михдм он аст, ки дар каламрави Осиёи Миёна матбуоти даврй зухур карда ва хар хел рузномахову мачаллахо нашр мешуданд. Беш аз ин, дастгохдои китобчопкунй, нашриётхои хусусй фаъол мешуданд, ки барои рушди хаёти фархангй-адабии кишвар хеле пурфоида буданд. Бештар дар ин чараён накдни мактабх,ои илмй- фархангии Кдзон хеле калон аст. Бо ташаббуси хамин марказ мак- табхои нави тарчумонй ба миён меомаданд. Ба ин восита адабиёт ва фархднги миллии бостонии халки точик эх,ё мегардид, яъне аз нав чоп мешуд. Аз тарафи дигар, кутуби чопхои Россия, Кдфкоз, Эрон ва гайра дар Осиёи Миёна тарчума ва нашр мешуданд.

Ба Россия хамрох, кардани Осиёи Миёна як чихати дигари нисбатан пурарзиши бурунмарзй низ дошт, ки ин кишвар бо як катор кишвархои гарбй равобит пайдо менамояд.

ВАЗЪИ ЯТИ АДАБИ ЁТ Д А Р Н И М А И Д У Ю М И АСРИ XIX

Адабиёти нимаи дуюми асри XIX, хамчунон ки аз унвони мавзуъ низ пайдост, давоми мантикй ва бевситаи таърихи ку- ханбунёди адабиёти точик аст. Ин адабиёт тули чандин хазор- солахо, ки мархалахои камолот мепаймояд, аз бисёр бархур- дхо, монеахо, мушкилихову нобасомонихо гузаштааст. Эчод- корони ин адабиёт дар хдр давру замон хдмчун мафкурабардо- рону мунавварфикрони халку миллати хеш чилва намудаанд. Онхо гохе дучори бисёр шикастурехтхо ва гохе ноили чумла пешравихо гардидаанд. Дар мачмуъ дар хама гуна давру за­мон, новобаста ба фишору таъкибхо холат ва рухияи халки худ­ро ифода кардаанд.

Барои рушди ин адабиёт дар асрхои миёна, махсусан ду оми- ли марказй: яке идеологияи хукмрони давр - идеологияи исломй ва дигаре сохтори сиёсй-сохти феодалй буд. Албатта, ин ду омил-яке омили идеологй ва дигаре иктисодй дар рушду тахдв- вули таърихи адабиёт накши муайян гузоштаанд.

211

Нуфузи идеологияи исломй голибан дар сохди фархангу ма- ориф басо бузург мебошад. Конунхои хукукии инсон ва чомеа дар асоси шариати исломй амал менамуд. Русуму ахлок, ва низоми давлатдорй низ дар хамин замина созмон дода мешуд. Бояд гуфт, ки адабиёт ойинаи таърихи хамон халкест, ки эчод­кор ба он халк тааллук дорад. Ин на инъикосгари даврони муайянест, ки рузгорй адиб дар он мегузарад. Аз ин нуктаи назар, адабиёт вокеият, хакикатро инъикос менамояд. Бино- бар ин вобаста ба сиёсати давр ва сиёсатмадорон, яъне ами- рон, усули мамлакатдории онхо, дарбор ва мардум, муноси- бати сохибмансабон бо халк, химояи адолати ичтимой ва гайра дар хама давру замон муносибати адибон гуногун аст. Ади- боне хам хастанд, ки дидаву дониста амири нолоику ноухда- бароро ситоиш кардаанд ва зулму бедодхои уро дар либоси адолатхохиву мардумнавозй ба калам медоданд. Баръакс, адибони дигар низ буданд, ки ба сиёсат ва чомеъа назари тан- кидй доштанд. Онхо дар осори худ нуксону норасоихоро гохе пардапушона ва гохе ошкоро баён мекарданд.

Дар ин давра ягона доираи адабии овозадору шукухманд до­ираи адабии Бухоро буд, ки бисёр конунмандии рушду тахав- вули адабиётро муайян менамуд. Албатта, доирахои адабии дурдаст мисли Бадахшон, Хисор, Хатлон хам буданд, вале ба чуз Бухоро инхо чандон машхур нестанд. Албатта, Бухоро хам- чун кадимтарин маркази фархангй то ба охир нуфузи худро нигох дошта тавонист. Дар нимаи дуюми асри XIX низ Бухоро яке аз машхуртарин марказхои адабй хидмати таърихии худро ба чо овард.

Маорифпарварон сараввал ба хамкасбони худ-адибони му- осирашон таъсир расониданд. Ин буд, ки охангхои хакикатчуй, адолатхохй, башардустй, илмдустй, танкиди зулму золимй, ма- заммати истисморгарон, химояи факирон ва гайра дар ин ахд хеле баланд садо додаанд.

Чунончи, Шохин дар танкиди тоифаи мардумозор мегуяд:Аз ин кавм умеди ёрй хатост,Ки аз душман уммедворй хатост.Аз ин фирка донишкашон даргузар,Чу биншастй, аз хирка афтй бадар.Маро бину барзан ба ибрат духул,

>12

Пасояндагонрост пешина пул,Аз он ру зи гетй шикоят задам.Зи гетй шикоят багоят задам.Ки дастур бошад ба ояндагон,Ба абнои гетист ояндагон.

Ба хдмин тарик, Шохин дар газалу маснавихояш ахволи ваз- яини сахт, амир ва ситамгарони атрофи уро танкид менамояд:

Зи моли ятимон ситонанд бон,Ба куттоъи тамго бубахшанд тон.Ба золим бароти аморат диханд,Ки номуси мардум ба горат диханд.

Шохин дар «Тухфаи дустон» таъкид менамояд, ки давлат бояд бунёди худро бар адлу адолат, аклу хиради солим, ба илму маъ­рифат ва росткориву садокат, халкдустй гузорад. Агар чунин омилхо ба назар гирифта нашаванд, он гох чунин давлат умри дароз намебинад:

Хамин аст расми чахонхусравон,Ки доноситоянду душманситон.Хилофи амирони ин марзу бум,Хуморо надонанд фарке зи бум.Дарего, ки ин аблахон бехисанд,Тавонгар ба зар, дар хунар муфлисанд.

Возех, ки шохиди сиёсати ду амир-Музаффар ва Абдулахад буд, мегуяд:

Рафт то хадду камоли нуксу нуксони камол,Сохиби чахли мураккаб бошад он, к-у аълам аст.Дил ба нони хону оши косаи дунон мабанд,Филмасал гар курси хуршед аст в-ар Чрми Ч,ам аст.

ва гайра.Пас аз он ки Осиёи Миёна бо Россия хамрох карда мешавад,

чунон ки маълум аст, дар ин каламрав дигаргунихои сиёсй, икти- содй, фархангй то андозае рух доданд. Хатто боиси тавлиди чара- ёни нави мафкуравй - ичтимой гардид, ки ин чараён дар таърихи халкй точик накши басо созандае бозидааст. Ин равняй маориф- парварй буд, ки дар афкори сиёсию ичтимой ва фархангию ада­бии Осиёи Миёна таъсири бунёдй гузошт. Бунёдгузор ва тарги- ботчии барчастаи он нависанда, шоир, мутафаккир ва олими за- бардасти точик Ахмади Дониш буд. Нуфузи ин чараёни мафку-

213

равй хусусан ба адабиёт хеле зиёд буд. Аз ин ру, Ахмади Дониш аз шумори ахли калам хамакидахо-шогирдони тавоно пайдо на­муд, ки хар кадом дар таърихи бархурхои мафкуравй ва солим- гардонии чамъият сахми арзанда гузоштаанд. Аз кабили адибо­ни маорифпарвари точик, эчодкорон: Цорй Рахматуллохи Возех, Абдулкодирхоча Савдо, Мухаммад Шамсудцин Шохин, Мухам- мадсиддики Хайрат ва дигарон буданд, ки ин равняй тозазухур- ро чонибдори ва таргиб мекарданд.

Дар эчодиёти шоирони равняй пешкадам фош намудани нуксо- ну норасоихои сиёсатмадорон, амирон, хокимони махаллй, ман- сабдорону амалдорон, химояи адолати ичтимой, махкум намуда­ни истисмору зулм, бекадрии инсон ва F. буд. Инчунин, онхо дар эчодиёти худ илму фарханг, мактабу маориф, таълиму тадрис то андозае озодии инсон ва монанди инхоро таргиб менамуданд.

Аслан маорифпарвари чараёни идеологй-мафкуравй ва чун- биши фикрие буд, ки дар Аврупои Гарбй тайи асрхои XVII-XVIII сараввал дар Англия ва баъдхо дар Франсия зухур кар­да буд. Дар Аврупо маорифпарварй бо зухури синфи нави бур­жуазия хамчун табакаи ичтимой марбут буд. Агар ин падида бо чунин шакл дар Англия зухур карда бошад, дар Франсия идеологияи маорифпарварй хамчун тахкимбахши инкилоби буржуазй ба миён омад.

Дар мамлакатхои Шарк бошад ин чунбиши мафкуравй ва бе- дории фикрй алорагми бунёди пусидаи чомеаи феодалй ва инчу­нин дифои адолати ичтимой руи кор омадааст.

Маорифпарварон мукобили зулму ноадолатихои ичтимой, иктисодй, хукукй ва гайра нафрати сузон доштанд. Ин яке аз ху­сусиятхои характерноки чараёни маорифпарварй ва сифати фаъ- олияти маорифпарварон мебошад.

Хусусияти дигари ин падидаи зехнй, ки кисман ба маориф- парварони точик рост меояд, он аст, ки маорифпарварони рус дар осорашон тарзи зиндагии мардумони Аврупои Fap6npo та­ргиб кардаанд. Ин чанбаъ тибки идеологияи исломй дар осори адибони мо хеле чузъй дучор меояду халос. Зеро Ах,мади Д о­ниш низ шахрсозй, усули мамлакатдории Россияро дар киёс бо аморати Бухоро бехтар мехисобад. Вале дар масоили дигар: таргиби маорифу илм, озодии инсон, муносибатхои табакавй, химояи адолат ва г. маорифпарварони мо низ хамфикрй доранд.

214

Хусусияти сеюми чолиби чараёни мазкур он аст, ки онхо та­бакахои мехнатии ахолй, оммаи халк голибан дехкононро химоя ва чонибдори намудаанд. Инчунин, бахри бехбудии ахволи мамлакат ва оммаи мардум ва роххои халосй аз инкирозро му- вофики чохонбинии хеш пешниход намудаанд.

Масалан, Ахмади Дониш дар осори адабй, фалсафй, сиёсии худ кафомондагию бесаводй, иртичопарастй, ноодилй, золимпе- шагй ва нолоикии амирони мангитро хеле хуб фош мекунад. Дар асархои у фикрхои тагйир додани тартиботи давлатии аморати Бухоро, ислохи куллии тартиби мактабу маориф, таълими асри- миёнагиро ба миён гузошта буд. Албатта, казоватхои ин мута­факкир ва часурии у ба хаёти маънавии чамъияти онрузаи Бухо­ро ва эчодиёти шоирони пешкадами муосири Ахмади Дониш бе- таъсир намонд. Аз ин ру, эчодкорони муосири у акидахои ин му- тафакирро вобаста ба чахонбинии худ таргиб намуда, чонибдорй кардаанд. Яъне мавзуъхои танкиди нуксонхои чомеъа, кутахна- зариву нодонии зимомдорон, беадолатихову ноодилии амирон, паст будани сатхи рузгори мардум ва нигох доштани халк дар бенавоию кашшокй ва Faftpapo дар осори худ чой додаанд.

Пеш аз хама худи Ахмади Дониш дар асари беназири худ «На- водир-ул-вакоеъ», ба хусус дар бобхои «Фаромушхона», «Дар васоёи фарзандон ва баёни хакикати касбхову пешахо» ва гайра, ки хангоми сафархояш ба таври мукоисавй ба мушохида гириф­та буд, хеле барчаста тасвир кардааст. Хамфикрони Ахмади До­ниш, шоирони тавоно, нависандагон Возех (дар асари худ «Са- вонех-ул-масоилик ва фаросих-ул-мамолик»), Шамсуддин Ш о­хин (дар осори лирикй: касида, газалхо, китъахо, маснавии «Тухфаи дустон» ва асари мансураш - «Бадоеъ-ус-саноеъ») ва дигарон таълимоти Донишро таквият додаанд.

Ахмади Дониш андешахои худро на танхо дар асархои адабй- бадей, балки дар асархои дигари худ, ба хусус дар асари сиё- сиаш-«Рисола дар назми тамаддун ва таовун» аз низому кону- ни давлатхои фарангу (Аврупову) Русия ва киёси афзалияти онхо аз усули кишвардории Бухоро ба миён гузоштааст.

Албатта, маорифпарварии Аврупои Еарбй ва Россияро бо маорифпарварии Осиёи Миёна як шуморидан зохирпарастии махз хохад буд. Маорифпарварии Осиёи Миёна дар киёс бо Рос­сия ва Аврупо то андозае дигархелтар буд. Яъне ин чараён дар

216

орифпарварй чандон сах,м надоранд. Аниктараш, онхо маориф- парварии танхо асри худро як андоза хис кардаанду халос.

Х,ол он ки таъсири осори Ахмади Дониш дар каламрави Осиёи Миёна хеле хуб пах,н гардида буд. Нуфузи акоиди Ах,ма- ди Дониш на танхо ба хаммиллатони у, балки ба халкхои дига­ри Осиёи Миёна низ бетаъсир намондааст. Аз чумла осори му- тафаккири точик Ахмади Дониш ба эчодиёти муосирони дига­ри у Мухаммадхоча Мукимй (1850-1903), Зокирчон Фуркат (1858-1909), Хамза Хакимзода Ниёзй (1889-1929) ва дигарон таъсири фаровон гузоштааст.

Ин адибон низ аз осори Ахмади Дониш бахра бардошта, дар эчодиёти онхо химояи факирон, танкидй зулму золимй, ноадо- латй, мазаммати худохиву худпарастй, берахмй, авомфиребй, таргиби илму маориф, маърифату фарханг ва гайра хеле амику сахех ба мушохида мерасад.

Умуман, осори Ахмади Донишро эчодкорон Возех, Шохин, Асирй, Савдо, Хайрат, Мирзо Сироч ва дигарон хеле хуб пази- руфта буданд. Зеро онхо низ андешахои танкидии худро фошо- фош баён кардаанд. Масалан, Мирзо Сирочи Хаким дар асари худ «Тухафи ахли Бухоро» менависад: «Бубинед, ки илму сарват кори миллати Урупоро ба кучо расонида, беамаливу танбалй кори мо, ахолии Осиёи Миёнаро ба чй пояи пастй кашонида. Зинда­гии онон ба чй вусъат гузарон, мо мардум ба чй машаккату хорй? Кдхвахонахои сарибозории онон аз иморати аъёни мо хазор да- рача бехтару поктар. Ай вой бар мо, вой бар мо!» ва гайра.

АДАБИЁТИ ДАРБОРИ ВА ХУСУСИЯТХОИ ОН

Адабиёти дарборй аслан чараёни адабиест, ки одатан дар шакли махфилхои адабй дар дарбори подшохон, хокимон ва амирон фарохам омада, одатан аз сиёсати роичи давр ва идео- логияи хукмрон химоя менамуд. Аз асри XI cap карда ба ин адабиёту эчодкоронаш маликушшуаро рохбарй менамуд. Ма- ликушшуароро бошад бевосита худи амир таъин менамуд. Ин адабиёт дар ахди маорифпарварй низ двом мекард. Аз навъхои лирикй жанри асосии дарборй касида буда, аз навъхои касида бошад, касидаи мадхй бештар ба назар мерасад. Навъхои ди­гари хурди лирикй: газал, китъа, рубой, дубайтй, тарчеъот, му­саммат ва гайра низ хает, вале на мисли касоиди мадхй.

218

ки зикри баъзе аз онхо барои донистани адабиёти ин давра хеле ахдмиятнок мебошад.

Яке аз чунин асархо ё худ тазкирахо ба калами Корй рах,ма- туллохи Возех тааллук дошта «Тухфат-ул-ахбоб фй тазкират- ул-асхоб» ном дорад. Маълум аст, ки муаллифи ин асар шоир, маорифпарвар, олим, нависанда ва мутафаккир мебошад. Ин тазкира соли 1871 таълиф гардидааст. Он аз он чихат низ му­хим аст, ки дар бораи 130 нафар адибони Осиёи Миёнаи асриXIX маълумот медихад. Аз осори ин адибон намунахо зикр на­муда, хусусияти ашъори онхо, хусну кубхи эчодии онхо ва гай- раро кайд менамояд. Ин тазкира соли 1914 аз чониби Мирзо Салимй ном донишманд бо такмилу иловахо ба табъ расида- аст. Аниктараш М.Салимй тазкираи мазкурро ба табъ расони- да, ба он 80 нафар шоирони дигари охири асри XIX ва ибтидои садаи ХХ-ро илова менамояд. Аз ин чост, ки тазкираи Возех аз нигохи зикри шумораи куввахои адабй ва аз лихози овардани намунахои ашъори онхо, ахамияти илмй-адабй дорад. Он ба­рои омухтани адабиёти давр ва умуман бахри тадкики таърихи адабиёти точик хидмат менамояд.

Инчунин, дар ин давра тазкиранависони дигар зиндагй ва эчод кардаанд, ки тазкирахои онхо низ хар кадом дорой ахами­яти илмй - адабй мебошанд.

Тазкиранигорони дигари давра, ки дар инкишофи илми ада- биётшиносй сахми сазовор гузоштаанд ва тазкирахои онхо, ки суннати мазкурро дар ин давра рушд бахшидаанд, инхоянд.

Яке аз тазкиранависон, ки худ шоир низ хает, эчодкори дар- борй Афзал Махдуми Пирмастй мебошад, ки у соли 1900 ба хидмати дарбор дохил шудааст. У дар солхои хукмфармоии амир Абдулахад (1885-1910) бо супориши ин хоким ба навиш- тани тазкираи худ o fo3 кардааст. Тазкираи Афзал Махдуми Пирмастй «Афзал-ут-тазкор фй зикр - уш-шуаро ва-л-ашъор» ном дорад.

Дигар аз такзиранависони ин давра Абдуллоххочаи Абдй аст, ки у соли 1904 асари худ - «Тазкират-уш-шуаро» ва ё «Таз­кираи Абдй», ё ин ки «Тазкират-уш-шуарои мутааххирини Бу- хоро»-ро (номхои як тазкира) таълиф менамояд. Ин тазкира аз 28-боб (максад) иборат буда, дар бораи 118 нафар адибон ва намунахои асори онхо маълумот медихад.

220

зурги созандагй дорад. Аз ин нигох, ин яке аз хидматхои бузур- ги таърихии адабиёти бадеии тоник ба шумор меравад. Зеро ин чараён хамчун зухуроти таърихй тавассути адабиёти бадей кашф шудааст. Мухим он аст, ки на танхо тафаккури муоси- рон, балки фикри мутааххиринро низ тагйир дод. Арзиши меро- си адабии Ахмади Дониш, пеш аз хама, дар кашфи хамин пади- даи аср мебошад. Ин чараёни сиёсй-таърихй на танхо ба худ- шиносии халки точик ва чараёни ташаккулёбии он замина гар­дид, балки дар хамин поя ба худшиносии халкхои дигари Осиёи Миёна низ мусоидат намуд.

Дар таргиби он накши пайравони Ахмади Дониш, адибони маъруфу сохибистеъдод Шамсуддин Шохин, Рахматуллохи Возех, Абдулкодирхочаи Савдо, Мухаммадсидики Хайрат ва дигарон хеле бузург аст. Онхо дар дарки падидаи мазкур то ба сатхи Ахмади Дониш нарасида бошанд хам, дар таргибу таш- вики андешахои у сахми бунёдй гузоштаанд.

САВОЛ ВА СУП0РИШХ,0

1. Дар нимаи дюми асри XIX дар Осиёи Миёна чй тагйироти сиёсй руй дод?2. Ба Россия х,амрох, кардани Осиёи Миёна барои мардумони каламрави мазкур чй дод?3. Дойр ба вазъияти илму фарх,анг дар ин давра чй медонед?4. Омилх,ои пайдоиши чараёни маорифпарвариро шарх, дих,ед.5. Вазъияти адабиёти точик дар нимаи дуюми асри XIX-po нак/1 кунед.6. Кадом омилхри инкишофу тах,аввули адабиёти ин давраро медонед?7. Марказхри адабии адабиёти давраи мазкур кадомх,оянд?8. Чараёни маорифпарварй ва хусусиятхри онро номбар кунед.9. Ах,мади Дониш дар инкишофи илму фарх,анги ин давра чй гуна мак,ом дошт?10. Дойр ба адабиёти дарборй ва хусусиятхри он маълумот дих,ед.11. Кадом тазкирах,ои дар ин ахд таълифшударо медонед?12. Дойр ба тазкираи «Тух,фат-ул-ах,боб фй тазкират-ул-ас- х,об»-и Возех, маълумот дих,ед.13. Арзиши илмй-адабии тазкирах,ои ин давра аз чй иборат аст?14. Кадом адибони пайрави Ах,мади Донишро медонед?

\ И ) 11 (> К \ ( »1 1 к I О \ . i \ h \ I \ t »t

221

Д ар системаи кофияи шеъри форси - точикй мафхумхои х а р ф , х а р а к а т ва х и ч о макоми махсус доранд. Ин коида ба забоншиносй ва шеършиносии мо аз забони арабй ома­дааст. Дар алифбои арабй мафхуми харф ва мафхуми харакат аз хамдигар тафовут доранд. Харфхо навишта мешаванд ва шакли муайян доранд, аммо харакатхоро наменависанд, факат хангоми хондан талаффуз менамоянд.

Гохе харакатхоро дар мавриди зарурй мегузоранд. Ин хара- катхо бо номхои «забар» ё «фатха» (а), «зер» ё «касра» (и) ва «пеш» ё «замма» (у) маъмуланд. Дар забоншиносии имруза харакатхо­ро (яъне, а, и, у) садонокхои кутох меноманд.

Харфхо дар якчоягй бо ин харкатхо, яъне садонокхои кутох хичоро ба вучуд меоранд.

Харфхои «алиф», «вов» ва «йо» дар алифбои арабиасоси то­чикй овози садонокро медиханд ва онхоро барои фарк кардан аз харакатхо садоноки дароз мегуянд, ки «о», «у» («у») ва «й» мебошанд. Хамин тарик, дар илми кофия х а р ф х о (хамсадо ва садонокхои дароз) ва х а р а к а т х о (садонокхои кутох) иштирок менамоянд.

Мо дар боло дойр ба харфхои кофия маълумот додем ва ба­рои хар кадоми онхо мисолхо овардем. Холо дар хусуси хара- катхои кофия (садонокхои кутох), ном ва мавкеъи онхо дар р е ш а и к о ф и я маълумот медихем.

Дар илми кофия садонокхои кутохеро, ки дар сохтани ре­шай кофия иштирок менамоянд, х а р а к а т х о и к о ф и я меноманд. Аксари донишмандони илми кофия ба хар як хара­кат ном ниходаанд. Харакатхои кофия шаштоянд: р а с, и ш - б о ъ , х а з в , т а в ч е х , м а ч р о , н а ф о з .

Абдуррахмони Ч,омй дар байте номи харакатхои кофияро чу­нин ба назм овардааст:

Расу ишбоъу хазву тавчех аст,Боз мачрову баъд аз уст нафоз.

Аз ин харакатхо чортояш дар к о ф и я и м у к а й я д меояд (рас, ишбоъ, хазв ва тавчех) ва дутой дигараш (мачро ва на­фоз) ба к о ф и я и м у т л а к тааллук дорад. Ба таври дигар

222

гуем, харакатхои р а с , и ш б о ъ д а з в в а т а в ч е х пеш аз хдрфи равй, аммо харакатхои м а ч р о в а н а ф о з баъди равй меоянд. Насируддини Туей аз харфхои аввали номи харакатхои кофия ибораи «Рохати ман»-ро сохтааст (бо хуруфи арабй), ки барои ба осонй дар хотир нигох доштани номи харакатхо ба хонанда ёрй мераеонад, яъне аз р а с харфи «р», аз ишбоъ харфи алиф (яъне, «о»), аз хазв харфи «х», аз тавчех харфи «т», аз мачро харфи «м» ва аз нафоз харфи «н».

Хдракатхои кофия дар алифбои имруза шаклй овозй ва харфй надоранд, аз ин ру, аз аввал маънихои лугавй ва истилохии онхо­ро шарх дода, сипае дар асоси мисолхои шеърй шакл ва мавкеъи онхоро дар р е ш а й к о ф и я нишон медихем.

1. Рас калимаи арабист, маънои лугавиаш ибтидои чизе; чохи кухна буда, дар илми кофия харакати пеш аз т а ъ с и с ро гуянд.

Рас садоноки кутохи «а» аст, ки дар решай кофия пеш аз харфи «о», яъне таъсис дар назар дошта мешуд. Рас факат ба харфхои арабй тааллук дошта, дар навишти имруза ифодаи харфй надорад.

2. Ишбоъ калимаи арабист, маънои лугавиаш сер кардан, пур кардан буда, дар илми кофия харакати хамсадоест, ки дар кофия ба вазифаи д а х и л меояд, яъне садонокхои кутохи «а», «и» ва «у», ки дар байни д а х и л ва р а в й чой гирифтаанд.

Мисол:Кофия дар асл як харф асту хашт онро табаъ,Чор пешу чор пас, он нукта инхо дойира.Хдрфи таъсису дахилу ридфу кайд, он гах равй,Баъд аз он васлу хуруч асту мазиду нойира.

Дар ин китъа калимахои д о й и р а ва н о й и р а кофия, чузви «-ойира» решай кофия буда, садоноки дарози «о» т а ъ с и с , харфи «й» д а х и л , садоноки кутохи «и» и ш б о ъ , харфи «р» р а в и и м у т л а к в а харфи «а» в а с л мебошад.

Дар калимахое, ки ба вазифаи кофия омадаанду дар таркиба- шон харакати ишбоъ доранд, хеле кам аст. Масалан:

Калимахои «муборакй»-ю «ровакй» кофия, чузвхои «-оракй» ва «-овакй» решай кофия буда, харфи «о» т а ъ с и с , харфи «р» (дар калимаи «ровакй» харфи «в») д а х и л , садоноки кутохи «а» и ш б о ъ , харфи «к» р а в й ва харфи «й» васл аст.

3. Хазв калимаи арабист, маънои лугавиаш баробар карда- ни ду чиз бошад. Дар илми кофия садоноки кутохеро (а, и, у) гуянд, ки пеш аз харфи кайд омада бошад.

223

Мисол:Набандад то сари нофи замин сайг,Намоиад дона дар нофи замин танг.

(Бозор Собир)Дар ин байт (вазнаш-Хдзачи мусаммани максур) калимахои

«санг» ва «танг» кофия, чузви «-анг» решай кофия буда, садоно­ки кутохи «а» х а з в, харфи «н» к а й д , харфи «г» равии мукайяд мебошад.

Аксари мухаккикони таърихи адабиёт дар ин акидаанд, ки такрори хазв дар кофияхои мукайяд (кофияхое, ки дар он харфи равй бо харфи в а с л начаспидааст) хатмй, вале дар кофияхои мутлак (кофияхое, ки дар онхо харфи р а в й бо харфи в а с л часпидааст) шарт нест.

Мисол:Барафканд, ай санам, абри бихиштй,Заминро хилъати урдибихиштй.Замин бар сони хунолуда зебо,Х,аво бар сони нилолуда муште.

(ДацикД )Дар ин чор миераъ (вазнаш-Х,азачи мусадцаси махзуф) кали­

махои «бихиштй», «урдибихиштй» ва «муште» кофия, чузвхои «-иштй» ва «-уште» решай кофия буда, харфи «ш» к а й д , харфи «т» равии мутлак, харфи «й»-и «бихиштй»-ю «урдибихиштй» ва «е»-и «муште» в а с л , садоноки кутохи «и»-и «-иштй»-ю «у»-и «-уште» хазв мебошанд. Азбаски кофияи ин абёт кофияи мутлак аст, яъне баъди харфи р а в й («т») харфи в а с л («й», дар кали­маи «муште» «е») омадааст, харакати х а з в такрор нашудааст.

Дар рубоии Х,абиб Юсуфй:Боз о, ки дил аз омаданат мает шудаст,Аз шавкати ту зуру забардаст шудаст.Дил аз ту чи сарбаланд гаштаст, ки кух Дар пеши баландии сараш паст шудаст.

Калимахои «мает», «забардаст» ва «паст» кофияи мукайяд, чузви «-аст»-и харсе калима р е ш а й к о ф и я буда, харфи «с» к а й д , харфи «т» равии мукайяд ва садоноки кутохи «а», ки пеш аз харфи кайд омадааст, х а з в мебошад. Азбаски кофияи ин байтхо мукайяд аст, х а з в такрор гардидааст.

224

Такрори х а з в дар кофия охднгнокии шеърро зиёд мекунад, барои хамин, шоирони тавонои адабиёти гузашта ва имрузаи форс-точик дар кофияи мутлак низ хазвро такрор кардаанд.

4. Тавчех калимаи арабй буда, маънои лугавиаш ба суи чизе ру овардан, мурочиат кардан мебошад. Дар илми кофия яке аз харакатхои кофияи мукайядро гуянд. Тавчех садоноки кутохест (а, и, у), ки дар кофия пеш аз равии мукайяд омада бошад.

Мисол:Точикистон, сари хар санги ту бар ман Ватан аст,Бари хар буттаи хори ту бароям чаман аст.

(Мирзо Турсунзода)Дар байт (вазнаш - Рамали мусаммани махбуни максур) кали­

махои «Ватан» ва «чаман» кофия буда, харфи «н» равии мукай­яд, садоноки кутохи «а», ки пеш аз равии мукайяд омадааст, тавчех мебошад.

Мухаккикони илми кофия дар ин акидаанд, ки такрори тавчех дар кофияхои мукайяд хатмй, вале дар кофияхои мутлак шарт нест.

Мисол:Аз паси тиреза духтар мегирист,Навнихоли гунчаи тар мегирист.Завки ночури мухаббат дар дилаш,Дам ба дам бо сузи дигар мегирист.

(Гулназар)Дар ин шеъри Гулназар (вазнаш - Рамали мусаддаси мак­

сур) калимахои «духтар»-у «тар»-у «дигар» кофия, чузви «-ар»- и харсе калима решай кофия буда, харфи «р» равии мукайяд ва садоноки кутохи «а», ки пеш аз равии мукайяд омадааст, та­вчех мебошад. Чи тавре ки мебинед, дар ин се калима харакати тавчех такрор шудааст.

Мисоли дигар:Дунё наарзад он ки парешон кунй диле,Зинхор бад макун, ки накардаст окиле.Гар ман сухан дуруст бигуям, ту нашнавй,Бечахд аз ойина набарад занг сайкале.

Дар абёти боло (вазнаш - Музореъи мусаммани ахраби мак- фуфи махзуф) калимахои «диле»-ю «окиле»-ю «сайкале» кофия буда, харфи «и» (дар кофияи «сайкале» харфи «а»-и дуюм) т а в ­ч е х , харфи «л» р а в и и м у т л а к , харфи «е» васл мебошад.

225

Чи тавре ки мебинед, дар ин се кофия х,аракати т а в ч е х так- рор нашудааст, сабаб он аст, ки т а в ч е х бо равии мутлак омадааст. Азбаски такрори т а в ч е х охангнокни шеърро зиёд мекунад, аксари шоирони гузашта ва имрузаи адабиёти точик дар кофияи мутлак низ харакати тавчехро такрор кардаанд.

5. Мачро калимаи арабист, маънои лугавиаш пушида, чои ра­вон шудани об буда, ба маънои истилохй номи яке аз харакатхои кофияи мутлак аст. Дар асл мачро садоноки кутохи «а» мебо­шад, ки дар кофияи мутлак баъди р а в й омада, харфхоеро, ки ба вазифаи в а с л омадаанд, ба харфи равй пайваст менамояд.

Шояд дигар садонокхои кутох, яъне харакатхои и, у ба вази­фаи мачро оянд, аммо аз мисолхое, ки то имруз дастраси мо шу­дааст, маълум гардид, ки кариб дар хама маврид факат садоноки «а» ба вазифаи мачро омадааст.

Мисол:Раъият ба зулми ту чун олиманд,Зи зулми ту бар якдигар золиманд.

( Цомй )Дар ин байт (вазнаш - Мутакориби мусаммани максур) кали­

махои «олиманд»-у «золиманд» кофия буда, решай харду кофия «-олиманд» аст, ки харфи «о» т а ъ с и с , харфи «л» д а х и л , садоноки «и» и ш б о ъ , харфи «м» р а в и и м у т л а к , садоноки кутохи «а» м а ч р о , харфи «н» в а с л ва харфи «д» х у р у ч мебошанд. Такрори мачро дар кофия хатмист.

6. Нафоз калимаи арабист, маънои лугавиаш гузаштани чизе ба чизе, берун шудани тир аз нишона, дар илми кофия номи яке аз харакатхои к о ф и я и м у т л а к ро гуянд. Нафоз садоноки кутохест (а, и, у), ки дар кофияи мутлак баъди васл омада бошад.

Мисол:Гар дил зи гами ёр напардохтанистеш,Бо у хама вучух дарсохтанистеш.

(аз «Ал-муъцам)Дар ин байт (вазнаш - Х,азачи мусаммани ахраби макфуфи

максур) калимахои «напардохтанистеш» ва «дарсохтанистеш» кофия, чузви «-охтанистеш» решай кофия буда, харфи «о» рид­фи муфрад, харфи «х» р и д ф и м у р а к к а б , харфи «т» р а в и и м у т л а к , садоноки кутохи «а» м а ч р о , харфи «н» в а с л ,

226

садоноки кутохи «и» н а ф о з, хдрфи «с» х у р у ч , харфи «т» м а- з и д, харфхои «е» ва «ш» н о й и р а мебошанд. Садонокхои кутохеро, ки баъди х у р у ч ва м а з и д меоянд, низ нафоз меноманд.

Мисол:Ин дил, ки ба зулфи дилбаре бастемаш,Гар чанд гусаст, боз пайвастемаш.

(Котиб)Дар ин байт (вазнаш - Хдзачи мусаммани ахраби мусамма­

ни макбузи абтар) калимахои «бастемаш» ва «пайвастемаш» кофия, чузви «-астемаш» решай кофия буда, садоноки кутохи «а»-и аввал х а з в , харфи «с» кайд, харфи «т» р а в и и м у т ­л а к , харфи «е» в а с л , хамсадои «м» х у р у ч , садоноки «а»-и дуюм н а ф о з ва харфи «ш» м а з и д мебошанд. Такрори нафоз дар кофияи мутлак хатмист. Крфияе, ки дар решай он харакати нафоз омада бошад, хеле кам аст.

Мисолхо барои харакатхои кофия:1. Мисол барои харакатхои ишбоъ, мачро ва нафоз:

Ёрй махру мойиластаи/,Харчи хохад, хосыласташ,

2. Мисол барои харакати хазв:Гар сузи дилам як нафас охмста шавад,Аз дуди дилам рохи нафас баста шавад.

( Камо ли Исфауонй)3. Мисол барои харакати тавчех:

Хадисе аз лабаш гуфтам, дахони гунча бо хам шуд,Чу номи абруяш бурдам, аз ин пушти камон хам шуд.

(Котибии Туршезй)4. Мисол барои мачро:

Агар ба давлат ба Рудакй намемонам,Ачаб макун сухан аз Рудакй на кам донам.

(А бузироа)5. Мисол барои нафоз:

То кай ба хуни дидаву дил парваремашон,Аз рах бурун раванду ба рох оваремашон.

( Цомй)

227

САВОЛ ВА СУП0РИШХ,0

1. Дар илми крфия х,арф ва х,аракат аз х,амдигар чй фарк, до­ранд?2. Кадом х,аракатх,о ба крфияи мук,айяд тааллук, доранд?3. Мисолхри шеърй оварда, х,аракатх,ои крфияи мукрйядро ни­шон дихрд.4. Кадом х,аракатх,о баъди х,арфи равй меоянд?5. Дар хусуси х,аракатх,ои крфияи мутлак, маълумот дихрд.6. Дар байти зери Чомй:

Сабзахр навдамида ёр наёмад,Тоза шуд богу он нигор наёмад.

Калимахри «ёр» ва «нигор» ба кадом навъи крфия дохил ме­шаванд?7. Х,аракатхри крфия бо кадом номхр машхуранд?8. Кадом х,аракатх,о пеш аз х,арфи равй меоянд?9. Маънохри лугавию истилох,ии р а с с у и ш б о ъ у х,аз вро гуе д.10. Х,аракате, ки пеш аз х,арфи к, а й д меояд, чй ном дорад?11. Кадоме аз ин х,аракатхр дар шеъри форсй-то^икй истифо- да намешаванд?12.Тафовутибайнихрракатх,оиишбоъу мачророфах,монед.13. Х,аракати дахил чй ном дорад?14. Умумият ва тафовути х,аракатх,ои и ш б о ъ ва м а ч р оро фах,монед.15. Дар крфияхри «горат» ва «ишорат»-и ин байти Хрфиз:

Биё, ки турки фалак хони руза горат кард,Хилоли ид ба даври кадах, ишорат кард.

садоноки кутох,и «а» и ш б о ъ аст ё м а ч р о ?16. Маънихри лугавй ва истилох,ии х, а з в ро гуед.17. Мисоли шеърие оред, ки дар он х^ракати тавчех, омада бошад.18. Нафоз чист?19. Х,аракате, ки баъди х,арфх,ои хуручу мазид меояд, чй ном дорад?20. Ин байти Цомиро азёд кунед ва шарх, дихрд:

Расу ишбоъу х,азву тавчех, аст,Боз мачрову баъд аз уст нафоз.

228

АХМАДИ Д О Н И Ш

ман нагашт руй ба руй.

ч накард,истщбол?

Нависандаи забардаст, шоир ва мутафаккир Ахмад Мах­думи Доииш, ки бо лакаби «Калла» хам шухрат дорад, соли 1826 дар Бухоро таваллуд шудааст. Падари Ахмад Мулло Мирносир ном дошта, аслан аз тумани Шофирком буда, баъ- дхо барои тахсил ба Бухоро омада мукимй шудааст.

Падару модари Ахмади Дониш аз ахли фазл буданд. Аз ин ру, у саводи ибтидоиро пеши модари бузургвораш бароварда- аст. Баъдтар Мулло Мирносир писарашро дар овони 12-солагй, яъне соли 1838 ба мактаби коригй месупорад.

Соли 1842 Мулло Мирносир писарашро аз он мактаб гириф- та, ба Мадраса медихад. Ахмади Дониш дар баробари тахсили Мадраса, инчунин нозукихои хунари хаттотию лавхакории ки- тобхоро хеле хуб ёд мегирад. У барои таъмини зиндагй ва кумак ба хонаводаашон девонхои шоиронро бо хати зебои худ хат- тотй ва бо хунари валои хеш лавхакорй менамуд. Аз ин ру, у дар ин хунархо низ ба тезй дар Бухорой онруза шухрат пайдо мекунад.

Ахмади Дониш хамаи илмхои чории замонаашро аз кабили забони арабй, мантик, нучум, хайат, табииёт, риёзиёт, фалса- фаи калом, тиб, таърих, адабиёт ва шеършиносиро хеле хуб аз худ менамояд.

Баъдхо яке аз олимони шарифи дарбор, ки ба Ахмади До­ниш хаки устодй доштааст, ин марди шариф сармухандиси дар­бор буда, ба Дониш некй намуда, уро ба дарбор даъват мена-

229

мояд. Ахмади Дониш ба пешаи хаттотй ва асосан маслихдтчии амир оид ба илми нучум дар дарбор ба фаъолият мепардозад. Пас аз вафоти устодаш Амир Насруллох соли 1855 Ахмади Донишро сарвари мактаби мухдндисону меъморони дарбор ба Чои устодаш таъин мекунад. У боз хдм ба амир наздиктар ме­шавад ва нуфузаш нихоят беш мегардад. Ин аст, ки дар халлу фасли бисёр масъалахои сиёсй, ичтимой ва илмию мадании мамлакат амир аз Ахмади Дониш маслихат мепурсад. Яъне Ахмад хамчун яке аз тавонотарин олимон пазируфта мешавад. Бинобар хамин хам Ахмад тахаллуси худро «Дониш» интихоб кардааст. Хусусан, амир дар илми нучум ягонаи замон будани Ахмади Донишро хис намуда, дар ин чода низ танхо бо масли- хати у амал мекунад.

Соли 1857 сафорати амир азми Петербург карда буд. Ин са- форат бо сардории элчй Муллочони Мирохур бояд ба вукуъ мепайваст. Хадафи сафорат таъзия бар вафоти подшохи рус - Николаи I ва табрики ба тахт нишастани Александри I буд. Са­фари мазкури сафорат дар шахри Петербург се мох давом на­муда, хайати сафорат бояд дар ин муддат ба як катор корхо- нахои саноатй, ёдгорихои маданиву'таърихй, китобхонаву му- зейхо ва марказхову доирахои илмию фаннии пойтахти Россия ошно мешуданд. Чунин хам шуд. Ахмади Дониш ва дигар бу- зургони каламрави Бухоро тахмин мекарданд, ки шояд шахре, ки дар зебой ба шахрхои Осиёи Миёна ракобат мекарда бо­шад, нест.

Ахмади Дониш акнун фахмид, ки гумони у ва хамакидахо- яш ботил будааст. Сохтори давлатй ва усули мамлакатдорй, донишу чахонбинии амиру аморат ва гайра то чй андоза пучу бемаънй ва ноухдабароёна буда, фарсаххо аз пешравии дав- латхои гарбй, ба хусус, аз Россия кафо мондаанд. Ахмади До­ниш карор дод, ки мушохидахояшро ба амир хохад гуфт ва амир хохишхои Донишро амалй хохад намуд. Албатта, маълум нест, ки амир маслихату машваратхои Донишро то кадом андоза пазируфта буд. Вале ин чихат маълум аст, ки амир Насруллох соли 1860 вафот намуд ва амир Музаффар ба тахт нишаст. Ин амир бештар ба хушомадгуён таваччух дошта, ба олимон чан- дон эътиборе намедод.

230

Соли 1866 кушунхои рус ба Тошканд хучум мекунанд. Амир ба мукобили онхо мехезад. Ахмади Дониш ин амали амирро носавоб хисобида бошад хам, амир уро гуш намекунад. Дар натича Бухоро аз Россия сахт шикает хурда, хам товони чанг ва хам як катор заминхояшро низ аз даст медихад.

Соли 1869 амир Музаффар барои изхори дустй ва мустах- кам гардонидани иртиботи ду кишвар сафорати навбатй омода месозад. Ахмади Донишро котиби сафорати мазкур таъин ме­кунанд. Ахмади Дониш дар ин сафар Россия ва мамолики Ав- рупоро боз хам амиктар меомузад. Бори дигар якин сохт, ки амиру аморат хеле аз давлатдорй дуранд. У дар ин бора мена- висад: «Салотини Бухоро дар боби суфаро (элчихо) одамони камтаомул ва бедонишро ихтиёр кунанд, ба гумони он ки асро- ри давлати мо фош наградад... Ва хол он ки ихтиёри ин маслак айни безебй ва беназмии давлат бошад».

Баъди бозгашт амир Музаффар ба Ахмади Дониш рутбаи илмию ифтихории «Урок»-ро медихад. Зеро Дониш обруи Бу- хороро химоя намуда, бисёр масъалахоро бар нафъи Бухоро хал карда буд. Аз ин ру, амир уро ба яке аз мансабхои баланди давлатй таъин карданй мешавад. Ахмади Дониш ба тезй розй нашуда, то андозае корро ба таъхир меандозад. Зеро Ахмади Дониш каме пештар ин касидаро дар васфи амир Музаффар суруда буд, ки чое дар он касида овардааст:

Шунидаам ки хакиме, ки подшохонро Ба чанд тоифа бояд кушод рохи висол:Нахуст олими доно ба илми дин, зи усул Фуруъро бишиносад ба чумлаи ахвол.Дигар табиби масеходаме, ки гохи касал Барад зи тинати гул сардии насими шимол.Дигар дабири хумоюнхате, ки гохи ракам Нихад зи хушкадамй бар рухи Уторуд хол.Дигар суханвари шоир, адиби болигфан,Ки васфи шох кунад дар чамеи холу мухол (л).Дигар мусаввири Бехзоддасту Моникилк,Ки накшаи фалаку арзро кашад тимсол.Вучуди хар як аз ин кавм зеби мамлакат аст,Хузури хар як аз ин фирка мулкрост чамол...

Вале амир Музаффар нихоят кутохназарй зохир намуда, ба сари мамлакат шиканчахои зиёде овард. Зеро Россия ба Бухоро чанг

231

эълон кард. Ин дафъа хам Бухоро шикает дид ва амир Музаффар шартномаи сулх имзо карду розигй ба супоридани товони чанг дод.

Пас аз ин амир соли 1869 ба Петербург сафорати нави худро омода месозад. Ахмади Дониш боз ба ин хайат дохил карда мешавад. Ин дафъа Дониш сармушовир таъин мегардад.

Охирхои соли 1873 хайати сафорат фиристода мешавад, ки Дониш дар ин сафар се мох дар он чо мемонад ва марти соли 1874 ба Бухоро бармегардад. Александри II дар ин сафар ба Ахмади Дониш таваччухи бештар зохир менамояд. Дар ин са­фар Дониш андешахои худро ба таври чудгона дар «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» дохил намудааст. У баъдтар ин ри- солаи худро ба таркиби «Наводир-ул-вакоеъ» чойгир кардааст. Таклифхои Дониш ба амир писанд наафтод ва аз ин ру, амир Ахмади Донишро аз Бухоро дур кард. Баъдтар амир Ахмади Донишро ба Fy3op ва пас аз чанде ба Нахрпай мефиристонад.

Соли 1885 дар Бухоро тагйирот ба вучуд меояд. Дар ин сол амир Музаффар вафот мекунад ва ба тахт писари у Амир Аб- дулахад сохиб мешавад. Ин амир худро илмдуст нишон дода, Ахмади Донишро аз Нахрпай ба Бухоро даъват мекунад.

Ахмади Дониш ба Бухоро омада, танхо ба фаъолияти илмй- эчодй мепардозад. У тули солхои дароз дар дарбор кй будани амирони мангитиро донист ва омухт, ки аз онхо умеди некй нест. Се сафари Ахмади Дониш ба Россия уро ба кишвари пешраф- таи аврупой, усули мамлакатдорй, низоми сиёсй, иктисодй. фар- хднгй ва гайра шинос намуд. Пеш аз хама, Ахмади Дониш фа- рханги миллй, илм ва таърихи миллиро хеле хуб медонист. Аз ин ру, у дар назария киёс намуд, ки хукуматдороии Бухоро аз ин падидахо умуман хабар надоранд. Онхо танхо бо рохи зурй, катл, зиндон мардумро дар чахорчубаи сиёсат нигох медоран- ду хукумат мекунанд. Ахмади Дониш тавассути Россия то ан- дозае ба Аврупой Гарбй низ шиносой пайдо намуд. Зеро у бо шахсиятхои чудогона ошно гардида, як андоза онхоро омухт.

Масалан, Ахмади Дониш соли 1869 хануз дар шахри Тош- канд бо П.И.Пошино ном тараккихохи рус шинос шуда, бисёр масъалахои ичтимоиро бо у машварат мекунад. Ё худ дар са­фари аввалааш бо яке аз шаркшиносони рус В.Григорев дар Оренбург чандин мулокотхо барпо намуда буд. Ахмади Дониш бо намояндагони артиши Россия низ шинос гардида, бо онхо хам сухбат дошт. Аз он чумла, бо полковники рус Колзаков

232

(дар сафари сеюм) ва дар бозгашти хамин сафар аз Тошканд то Шахрисабз бо капитан Стремоухов шинос гардида бо онхо дар мавзуъхои гуногун сухбатхо меорояд.

Баъди сафархо Ахмади Дониш мулохиза ва андешахои худ­ро оид ба усули кишвардорй дар шакли китоб ба амир пешни- ход менамояд. Дар мукаддимаи он менависад, ки агар амир так- лифхои уро кабул накунад, у ба дарбор барои фаъолият дар ягон мансаби давлати нахохад омад. Зеро амир боисрору пай- васта аз Ахмади Дониш талаб мекард, ки ягон мансаби давла- тиро кабул кунад. Таклифхои Ахмади Дониш ва кушодагуихои у амирро акнун хашмгин сохт. Амир дид, ки таклифхои Ахма­ди Дониш мавкеи хокимро сует мекунанд.

Амир дигар Донишро на танхо таклиф накард, балки мехост уро аз худ дур нигох дорад. Амир Музаффар боре ба наздикони худ гуфта будааст, ки: «Ман фалониро бо суфарои (элчиёни) давлат ба чониби Россия хамрох кардам, дар охир ба ман наси- хатгар шуд. Ман баъд аз ин уро намефиристонам». Ахмади Дониш пас аз фахмидани чунин чавобхои ноадешидаи амир ба назидикони худ гуфтааст, ки: «Ман хам ба нукарии ин калла- харон толиб нестам».

Ахмади Дониш соли 1889 аз мадрасаи Мири Араб як хучра мегирад ва танхо ба корхои илмй-эчодй машгул мешавад. Яъне он корхоеро, ки то ин муддат ба итмом нарасонида буд, хотима мебахшад.

Поёни умри ин мутафаккир низ дар Бухоро гузаштааст. У дар байни моххои март-апрели соли 1897 дар шахри Бухоро вафот кардааст.

МЕР ОСИ АДАБЙ ВА И.1МИИ АХМАДИ ДОНИШ

Ахмад Махдуми Дониш нависанда, шоир, мутафаккир, фай- ласуф ва чомеъашиноси бузурги точик аст, ки тули 71-соли умри хеш аз у осори гаронарзиши адабй-бадей ва илмй бокй монда- аст. Осори Дониш гуногунмавзуъ, серсоха ва серпахлу буда, дойр ба мухтавои осор ва арзиши он худи адиб чунин ишора дорад:

Хунар кадом, ки бо ман нагашт руй ба руй.Кадом илм, ки бо ман накард, истикбол?

233

АСАРХ.ОИ ИЛМИИ АХМАДИ ДОНИШ

1. «Манозир-ул-кавокиб» («Манзараи ситорахо»), Асари маз­кур дойр ба илми нучум-ситорашиносй буда, оид ба мавкеъ, ма- кому х,олоти ситорахо, чойгиршавии онхо ва зухури бисёр хаво- дису вокеоти марбути ситорахо ва гайра бахс мекунад. Муал- лиф ин асари худро ба яке аз дустонаш бахшидааст. Санаи таъ- лифи китоб соли 1865 мебошад.

2. «Рисола фй аъмол ил-кура» («Рисола дойр ба амалиёт бо кура»), Ахмади Дониш дар ин рисола оид ба кашфиёти илмии асри худ, дойр ба кайхон маълумоти нодири илмй медихад. Ху- сусан, баъди мулокоти у бо капитани рус Стремоухов, ки капи­тан ба Дониш ду глобус: хам глобуси замин ва хам глобуси само- ро тухфа менамояд. Аз ин ру, Дониш баъзе ахбори тоза оид ба чанбаъхои чугрофй ва астрономй медихад.

3. «Таъодули хамсаи мутахайира» («Харакати панч ситора»). Хадафи Ахмади Дониш чойгиршавй ва харакати Уторуд, Зух,ра, Миррих, Муштарй ва Зухал буда, рисолаи мазкур низ ба илми нучум бахшида шудааст. Яъне хар яке аз ин чирмхои самовй бо хосиятх,ои чудогонаи худ шарх дода мешавад. Ахмади Дониш ин асарашро соли 1883 дар шахри Fy3op таълиф намудааст.

4. «Меъёр-ут-тадайюн» («Хадди диёнат»), Ахмади Дониш ба масъалахои мухимми сиёсй, ичтимой, ахлокй, тарбиявй ва чамъ- иятиву хукукй аз нигохи илми шариат низоми муайян таъин ме­намояд. Хадафи муаллиф амиру аморат ва сохтори рохбарии чомеъаро, ки ахли диёнат мебошанд, ба адлу адолат ва инсоф даъват мекунад. Дониш ин асарро соли 1894 таълиф намудааст.

5. Дар мероси илмии Ахмади Дониш боз як асари таърихии уро низ метавон номбар кард, ки мутахассисон онро «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони мангития» ном нихо- даанд. Дар ин асар сари кудрат омадани амирони мангития аз Дониёл то Абдулахад маълумот дода мешавад. Асар оид ба шах­сияти амирон, усули кишвардории онхо, муносибатхои дохилй- дарборй ва хоричии онхо, хусусан бо Россия, холати раъият ва гайра хеле маълумоти пурарзишу судманд медихад, ки дар ин бора баъдтар маълумот хохем дод.

Мероси адабии Ахмади Дониш асосан аз анвои гуногуни ман­зум ва мансур иборат мебошад. Осори манзуми Ахмади Дониш жанрхои хурди лирикй: газал, касида, рубой, китъа ва гайраро

234

дар бар мегирад. Адиб ин шаклхои шеъриро дар вактхои гуно­гун эчод кардааст. Осори манзуми Дониш дар шакли парокан- да дастрас шудааст. У осори манзуми худро дар шакли девон ба таври алохида боки нагузоштааст.

Мавзуъхо ва мундаричаи гоявии ашъори Ахмади Дониш гуно­гун буда, дар онхо васфй инсонхои сохибкасбу сохибмаърифат, хунарварону санъаткорони хоричй, дустию рафокат, хислатхои неки одами, таргиби маданияти пешкадам, васфй хираду дониш, некиву накукорй, адлу адолатхохй, васфй илму фархангу хунар ва гайра мебошад. Масалан, дар ин китъа шоир зохирпарастии инсон, ба шакл таваччух намудани касон, очилу шитоб, бесабри- ро танкдц мекунад. Баръакс сабру тахаммул, ботинбинй, ру овар- дан ба сират-маънавиёти инсон, подоши хаётро чонибдорй меку­над. У таъкид мекунад, ки инсон пок ба дунё меояд, набояд нопок равад, балки пок бояд зиндагй кунад ва пок биравад.

У мегуяд:Ба шакли хайати инсон зи рах марав зинхор,Тавон ба сабру тахаммул шинохт чавхари мард.Агар на пок бувад, аз бало нахохад част В-агар дар асл бувад пок, сабр хохад кард.

Албатта, мавзуи ишк ва исёнхои калбии инсонй, эхсосоти нозуки одамй ва васфй махбубаву назокати гуфтори ошик яке аз мавзуъхои човидона дар таърихи адабиёт мебошад. Ин яке аз мавзуъхои асосии лирикаи Ахмади Дониш низ хает.

Чунончи, дар ин газал мегуяд:Абруи чун хилоли ту чонро шикор кард,Мижгони обдори ту дил бекарор кард.Дасти булурранги ту кадри гухар шикает,Лабхои чун акики ту ёкут хор кард.Аз хоки пирахан чу намуд он тани харир,Олам пур аз таровати буи бахор кард.Калпуши зар, ки мает ба торак ниходааст,Бо комати чу дурру гухар интишор кард.Ту осмону ман чу замин, чун кунам, валек Лутфи дигар ба бусаам уммедвор кард.

Газали мазкур хеле хуб аст, вале дар хар сурат хунармандона нест. Зеро Ахмади Дониш нависандаи забардаст, мутафаккир, файласуфу чомеъашинос аст. Ашъори у, пеш аз хама, бо ягон сабабе, бахонае ва ё дар мавридхои зарурй руи кор омадааст.

235

СО ХГ ВА М У Н Д А РИ Ч А И «Н А ВО Д И Р-У Л -В А К О ЕЪ »

«Наводир-ул-вакоеъ» дар мероси адабии Ахмади Дониш мав- кеи марказй дорад. Ин асар захмати 15-сола ва маводи якум- раи г ирдовардаи муаллиф аст. Нависанда ба таълифи асар соли 1870 огоз намуда, онро соли 1885 ба итмом расонидааст. Таъ­лифи ин асар муаллифи онро миёни ахди чомеаи онрузаи Бухо­ро хамчун адиби тавоно ва мутафаккири забардаст шиносонид. Ахмади Дониш дар ин асар бисёр масъалахои мухимми фалса- фию ичтимоиро, ки мавриди казовати файласуфон ва му гафак- кирони гузашта буд, аз дидгохи нав ва дар ахди бархурдхо бо тамаддуни Авруиой ба тахлилу тасвир гирифтааст. Аз ин ру, «Наводир-ул-вакоеъ» барои бедории фикрй. барои чунбиши мафкуравии миллат ва умуман муосирони Ахмади Дониш, иай- равони у ва зиёиёни иешкадами охири асри XIX ва ибтидои са- даи XX таъсири амику дакик гузоштааст. Зеро солхои тахсил дар Мадраса, робита бо дарбору дарбориён, махсусан сафархои у ба Россия, муносибат бо олимон, харбиён, сиёсатмадорони Аврупо чахонбинй ва тафаккури уро нисбат ба сиёсат ва икти- содиёти аморати бухоро тагйир дода буд.

Сохтори асар. «Наводир-ул-вакоеъ» аз нигохи сохту таркиб бисёр чолиб аст. Асар хати яклухти дорой сужети муайян нест ва кисматхои сужетро хам дар бар намегирад. Асар дар мачмуъ аз бисту се боб иборат мебошад, вале боби 15-уми он фарк дорад. Зеро ин боб «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» ном дош­та, дорой мукаддима ва се боби чудогона мебошад, ки баъдтар онро шарх хохем дод. Бобхои «Наводир-ул-вакоеъ» гуногун- мавзуъ буда, чахордах боби асар тахлилу тадкики муаллиф аст, ки дар боби понздах чамъбасти он ба сифати як навъ рисолаи чудогона оварда шудааст.

Умуман, хамаи бобхои асар аз нигохи гояву мазмун ва макса­ди муаллиф ба хам як навъ пайванди мантикй дошта, яке ди- гарро таквият медихад, пурра мекунад. Мушохидакор ё тах- лилгар, ки баёни бобу накли хикоёт низ ба у тааллук дорад, шахсияти олиму доно, мутафаккир ва чомеъашиноси бузургест, ки Шаркро бо тамоми чузъиёт ва Fap6po хам хуб медононад. Метавонад мушохдцакор шахсияте бошад, ки чахонбинии ни­хоят васеъ, сафаркарда, таълимдида ва киёскунанда бошад. Дар

236

асл чунин хам хает. Ахмади Дониш хамчун чомеъашинос чамъ- иятро бе сардор имконпазир медонад. Аз ин ру, дар «Наводир- ул-вакоеъ» оид ба тарбияи авлоди инсон, муносибати нихоят чиддй ва эхтиёткорона нисбат ба фарзандон ва тарбияи мунта- зами онхо, хусусан оид ба ахлок, ва муомилаи табакахои чамъ- иятй, ахлоки табакахои хукмрон, риояи адолат ва махкум на­мудани ноадолатй, накши амир, козиву муфтй, вазиру кушбегй ва гайра дар бобхои чудогонаи асар андешахои шахсии худро баён намудааст.

Ахмади Дониш маориф, тахеил ва таълиму тарбияро асоси чомеа медонад. Вай барномаи тахеил, сабку усули таълим, китоб- хои дарей, чараёни дарехо ва гайраро дар таълимдихандахои Бу- хорои замони муаллиф, яке аз масъалахои марказии асари худ медонад.

Масъалахои мазкур дар бобхои «Дар тахкики хукуки аба- вайн (падару модар) ва хадду хукуки онхо», «Дар тахкики ма- тои дунё ва хакикати муомилоти он», «Дар васоёи фарзандон ва баёни хакикати касбу пешахо» ва F. хеле бо далелу бурхони котеъ баён шудааст.

Мазмуну мухтавои асар. Мазмуни мухтасари «Наводир-ул- вакоеъ» такрибан чунин аст:

Мукаддима. Дар ин чо муаллиф сабаби таълиф шудани асар- ро бо мазмуну мундаричаи он зикр мекунад.

Боби якум. «Дар тахкики хукуки абавайн...». Оид ба тар­бияи фарзандон ва шинохти падару модар аст.

Боби дуюм. «Дар тахкики матои дунё ва хакикати муомило­ти он». Дар ин боб бештар кормандони корхои давлатй ва фаъ- олияти онхо ба тахдил гирифта шудааст, ки бояд онхо маъна- вияти бой дошта бошанд, то аз харией пархез кунанд.

Боби сеюм. «Дар тахкики таърихи олам ва тафтиши худусу кидам». Хатто аз унвони боб пайдост, ки оид ба пайдоиши олам ва умуман фалсафаи офариниш бахс рафтааст.

Боби чахорум. «Дар иллати накбати укало ва сабаби давла­ти суфахо». Дар ин боб оид ба сабабхои бадбахтии окилон ва хушбахтии бедонишон бахс меравад. Ахмади Дониш таъкид ме­кунад, ки инсон махз ба хотири манфиатхои моддй талош на- варзад, балки бештар ба маънавият таваччух зохир намояд. Бояд инсон танхо нафърасони чомеъа бошад.

Боби панчум. «Дар хдкояти фаромушхона ва баёни курби соат».Боби шашум. «Дар хикояти Х,очй ва манофеи сафар ва хис-

лати занон». Дойр ба саргузашти марди бухорой, ки ба саёхат баромада хеле тулонй сафар кардааст, накл карда мешавад.

Боби хафтум. «Дар хикояти Абулкосимбй ва сафари Русия».Боби хаштум. «Дар сафорати Абдулкодирбек ва ачоиби

чашни Русия».Боби нухум. «Дар хикояти гирдоби Искандар ва ганои марди

ачамй».Боби дахум. «Дар тахкики ишку мухаббати хакикй ва мачозй

ва одоби ишкбозй». Ин боб низ мисли дигар бобхо бо усули суо- лу чавоб навишта шудаанд.

Боби ёздахум. «Дар одоби никох ва баёни хусусияти модаршу».Боби дувоздахум. «Дар тахкики казову кадар» Дар ин бахш

Ахмади Дониш вучуди зиндагиро дорой чор рукн: хурдан, пуши- дан, зану фарзанд кардан ва маскан сохтан медонад.

Боби сездахум. «Дар васоёи фарзандон ва баёни хакикати касбхову пешахо».

Боби чордахум. «Дар тахкики рух, ва нисбати тааллуки он ба абдон».

Боби понздахум. «Рисола дар назми тамадун ва таовун». Ин ягона боби «Наводир-ул-вакоеъ» аст, ки комилан мустакил буда, аз мукаддима, се фасл ва хотима иборат мебошад.

Дар мукаддима сабабхои пайдоиши одамй, хайри он ва ихти- ёри у дар чист... ва гайра бахс рафтааст.

Фасли аввал - «Дар фазилати аморат ва раёсат ва муомилати салотин бо Х,ак».

Фасли дуюм - «Дар сулуки умаро бо сипох ва хадаму хашам».Фасли сеюм - «Дар тарики раиятдорй ва фукаропарварй ва

расидан ба гаври мухоммии зердастон».Хотима. Дар таъйини мулук ба нудамо ва мукаррабон.Дар ин рисолаи хурд оварда мешавад, ки инсон шарифтарини

махлукот аст. Хдма чиз барои инсон офарида шудааст. Зоти ин­сон аз акли шарифа ва нафси касифа мураккаб аст.

Инсон бояд илму маърифат омузад ва аз руи илму маърифат ва акду фаросат рохи дурустро паймояд.

Боби шонздахум. «Дар тахкики хайати арз ва такаввуни ма- один ва мо юносаба золика». Дар ин боб Ахмади Дониш оид ба

238

чинсхои кухй. конхо, маъданхои зеризаминй, заминчунбй, вул- конхо маълумот медихад.

Боби хабдахум. «Дар фарач баъд аз яъсу хамул».Боби хаждахум. «Дар наводири холоти ашхос, ки аз чанги си-

боъ частанд».Боби нуздахум. «Дар таъбири руъёи хоила, ки далолат бар

худуеи вокеа мекард». Муаллиф дойр ба хобхои дидаи хеш хико­ят мекунад. Ин хобхо баъзе лахзахои шархихолии худи муаллиф низ хает. Яъне бисёр лахзахои тарчумаихолии Донишро низ рав- шан месозад.

Боби бистум. «Дар тахрири маъноии баъзе абёт, ки афозили аср истадъо намуда буданд». Дар ин боб Дониш баъзе байтхои Бедилро шарху тавзех медихад.

Боби бисту якум. «Х,икояти бузинаи таббох».Боби бисту дуюм. «Дар маънии хадиси «Сакф-ул-чаннати

аршу-р-Рахмони ва баёни хашру Нашр».Боби бисту сеюм. «Дар ташхиси ахлоки инсон». Ахмади До­

ниш дар ин боб менависад. ки инсон дар хулку атвор мисли тил- ло ва нукра аст, зеро тилло ва нукра то ин ки холис шаванд, аз чандин кураву бута мегузаранд. Инсон хам бояд аз чандин тач- рибахои рузгор гузарад, то ин ки хислатхои разилаву бади худро рафъ созад. У бештар аз сокинони чомеаи онрузаи Бухоро наму- нахо меорад. Барои он ки инсони окил ва инсони чохилро аз хам фарк гузоред, бояд онхоро санчид.

Лахзахои тарчумахолии Дониш дар асар хеле зиёданд. Дар «Наводир-ул-вакоеъ» аз огоз то анчом мо накши эчодкори онро мушохида мекунем. Зеро аксари бобхои асар ба тарики суолу чавоби муаллиф бо образи асосии боб, ки дустони муаллиф ме- бошанд, сомон ёфтаад. Чунончи, дар боби панчум «Дар хикояти фаромушхона ва баёни курби соат» омадааст:

«Навбате мухаррири сутурро бо чамъе аз дустон дар зиёфате иттифоки мачлисе афтод. Мизбон ба такрибй хикояте овард, аз он чи бар у гузашта буд. Ва ман чун гушу чашм ба иборат кушо- да доштам, сурати он базмро дар силки такрир кашидам.

Мизбон чун аз накизу радди сухани ёрон очиз буд, дар аксари мукаддимот мухаррири сутурро ба шаходат мекашад, ки агар бовар надоред ва дар шак бошед, аз мехмон пурсед, ки вай дида- аст ва хуб шунида ва медонад ва дар аксари ин маорику мачолис расида ва хуб медонад.

239

Ва ман низ дар он чи дида будам ва якин дониста, гувохй мед одам...».

Агар дар ин бобхо чараёни вокеахо ба тарики суолу чавоб сурат гирифта бошад, дар баъзе хикоёти дигар адиб комилан саргузашти худро баён месозад. Масалан, бобхои хафтуму хаш- тумро метавон номбар кард. Ин бобхо сафархои Ахмади До­нишро ба Россия дар бар мегирад. Чунончи: «Навбате, ки ба масхуби Сайид Абдулфаттура ва рафокати Абулкосим-бй ба сафорати Рус иттифоки вуруд афтод, раем аст, ки дар он чо элчиёнро барои изхори чох,у дастгохи давлати хеш ва мачоли- су махофили бузург ва тамошохонахо имороти олия ва хазоину дафои мегардонанд ва бад-он тафохуру мубохот мекунанд...

Ва билчумла шабе мутарчим аз кибали вазир омада, моро ба мачлисе «сурония» ном таклиф намуд. Бо чахор нафар дар он базм рафтем... Дар иморате рафеъ ва манеъи олии зарандуд даромадем, мабно бар хонахо ва хучароти бисёр ва дархои ой- инакорй ва аз хама дархо пардахои харир фурухишта, мушта- мил ба кату каровати зарнигор ва ойинахои еитабри бузург баробари кадди одамй нихода»... ва гайра. Яъне фаъол гарди- дани симои адиб дар ин боб, чунон ки маълум шуд, бештар ба назар мерасад. Зеро мушохидагар ва наклкунанда худи адиб аст. Аз тарафи дигар, боби мазкур холй аз хама гуна хаёлбофи- ву тасвирсозихост. Зеро муаллиф хар он чизеро мебинад, му- шохида мекунад, онро айнан ба калам меорад. Ин бобро мета­вон очерки сафарй номид.

Вокеан чунин тарзи сафарноманависй дар таърихи адабиёти точик аз Носири Хусрав («Сафарнома»-асари насрй) шакли ман­зуми он бошад аз Хоконии Шарвонй («Тухфат-ул-Ирокайн») огоз шудааст. Давоми мантикии боби хафт боби хаштум ба шу­мор меравад, ки «Дар сафорати Абдулкодирбек ва ачоиби чашни Русия»-ном дорад. Ин боб низ мисли очерки сафарй буда, Ахма­ди Дониш саргузашти худ ва мушохидахои сафарашро ба калам додааст. Чунончи: «Навбате ба масхуби Абдулкодирбеки Дод- хох дар мавриди туи императури Рус хам ва хукми давлати Бу- хорои Шариф ва нойтахти давлати Русия ба расми тахният ва сафорат бо тухаф ва хадоёи лоика иттифоки вуруд вокеъ шуд... Ва хар боре, ки мутарчим бо мо мулокот мекард, аз ман мепур- сид, ки:

240

- Охир агар шеъре бастай, дар назар ор, то бинам, ки чй маз­мун гуфтай?

- Ман гумон кардам, ки мабодо маро имтихон кунад ва очиз ёбад. Дар охир номи домод ва номи арус пурсидам.

- Гуфт:Алфред ва Морй... Мачмуъ нух харф буд. Пас нух харфро

ба аввали нух байт мувашшах намуда ба дасташ додам...» ва гайра.

Ин аст, ки «Наводир-ул-вакоеъ» баробари таълиф як чунби- ши фикрй, ангезаи зехнй ва бархурдхои мафкуравиро ба вучуд овард. Махсусан, барои адибони ибтидои асри XX. Устод С.Айнй, ки бо ин асари Ахмади Дониш дар охири солхои 90- уми асри XIX шинос шуда буд, ахволи рухия ва таассуроти одамони иешкадами он даврро аз хондани ин асар аз забони худ чунин баён намудааст:

«Ч,ох,ои ба ман таъсирбахши «Наводир-ул-вакоеъ» он чохо буданд, ки ман он ходисахоро дар зиндагй дида будам ва аз он ахвол дилтанг мешудам, аммо хеч гох ислох кардан ва ислох шудани он ахвол дар хотирам намегузашт ва гумон мекардам, ки дунё хамин тарз омадааст, хамин тарз хает ва хамин тарз хам меравад, чй бояд кард? Аммо вакте ки ман он ахволи фа- локатиштимолро дар мундаричоти «Наводир-ул-вакоеъ» бо тасвири реалй, бо тасвире, ки худ дар зиндагй дида будам, хон­дам. ба ман холати дигар руй дод. Ман дар дили худ гуфтам, ки ин ахволро ислох кардан лозим аст, модом ки ман ислох карда наметавонам, аз вай нафрат кардан зарур аст. Инкилоби фикрй кам хам бошад, дар ман ана дар хамон вакт руй дод».

Умуман, дар «Наводир-ул-вакоеъ» масъалахои сиёсй: усули мамлакатдории Бухоро ва Россия, муносиботи давлат бо раъи- ят, макомоти кудратии ин ду кишвар; масъалахои иктисодй: зи- роатй будани Осиёи Миёна ва саноатй будани Россия; фарх- ангй: нашри рузномаву мачаллахо, нашриёту китобчопкунй, шахреозй ва зебу зинати хиёбонхову гулгаштхо, толорхои кон- сертй ва бинохои мухташам; ороиши кушкхову манзилхои ис­тикоматй, системаи обёрии шахрхо ва гайра.

Дар масъалахои ахлокй ва тарбиявй бошад, баъзе хикоёту бо­бхои асар хеле чолибанд. Хусусан боби панчум «Дар хикояти фа- ромушхона» ё худ дар он чойхое, ки Шукурбек ширкат варзида

241

ва у ба ахли чоху мансаб бархурдхои фикрй зохир намудаву ахли захматро чонибдори кардани вай ба тасвир омадаанд ва гайра.

Дар асар андешахои Ахмади Дониш хамчун адиби маориф- парвар дар баъзе бобхо бисёр чолиб аст. Андешахои адиб дар хикоят ва киссахои бадей хеле хуб ифода шудааст. Мутафак- кир ба воситаи образхои бадей хадафи худро ифода мекунад. Масалан, «Дар хикояти Х,очй ва манофеи сафар ва хислати за- нон» чунин омадааст, ки марди Бухорие, ки ба максади зиёрати Каъба сафар кардааст. Нависанда дар ин фасл нишон додааст, ки аз каламрави Бухоро ба берун баромадан ва сайри олам кардан то чи андоза инсонро аз нигохи маънавй ганй мегардо- над. Марди \о ч й хангоми сафар ба Х,индустон меравад, дар он чо бо шахсони олиму фозил сухбат мекунад, дар шахрхои Хин- дустон иншоотхои саноатй, киштихои азими боркашу сафарй ва гайраро тамошо мекунад, дар шахрхо ба маърифату мао- риф, илму фарханг то андозае шинос мешавад. Марди сафарй ин пешравихоро дида, хаёлан ин шахрхоро ба Бухоро мукоиса мекунад. Кучаву хиё-бонхои пур аз лой, роххои качу нохам- вор, иморатхои бетартиби бе накша сохташуда ва гилин, хусу- сан шабхангом торику вахмнок ва гайра. Ё худ:

« - Марди хочй бо хусни хати хеш ба саркори як шахр хеле маъкул мешавад ва он саркор, ки аслан забону адабиёти форси- ро намедонист, марди хочиро ба хидмат кабул карда, ба у пули бисёре дода, асархои олимони форсу точикро нависонда меги­рад. Марди хочй дар шахр сайр мекард ва боре дид, ки одамо- ни бисёре ба лаби бахр хок мерехтанд ва мехостанд дар он чо банде андохта, дуконхо кушоянд. Марди хочй дар хайрат аф- тода меандешад, ки барои як оё ин кадар захмат кашидан раво бошад? Саркор дар чавоб мегуяд:

- Акли шумо (мардуми Бухоро) ба ин кор намерасад ва агар гуем хам, дарк карда наметавонед. Ва моро ба дунё оварданд, ки чахонро обод дорем ва бахрхову конхо бикшоем ва ачоибо- ти олами моддиро зохир гардонем... Миллатхои гуногуни олам аз чахон манфиати бисёре бардоштанд, аммо онро ба холи худ гузоштанд, наздик буд, ки чахон хароб шавад... Набинй, ки токи ангур, агар тарбият накунй, хар соле мева аз соли гузаш- та камтар медихад ва охир хушк мешавад. Шумо мева аз ток мехуред, дигар гам надоред, агар бехи уро кирм занад ва са- рашро сармо»...

242

Дар казовати боло назари Ахмади Дониш ба кафомондагии Бухорой феодалй баён шудааст.

Дар лахзахои боло Бухорой замони Ахмади Дониш тасвир шуда бошад, акнун мебинем, ки Петербург-пойтахти давлати Россия дар мукоиса чй гуна аст. Яъне Ахмади Дониш Петер- бургро чй гуна дарёфтааст.

Ахмади Дониш мушакпарониеро, ки дар чашни шохона дар Петербург барпо гардида буд, чунин тасвир кардааст: «Ва аз чумлаи ачоиботи он туй яке чарогоне тартиб дода буданд дар болои яхбанди дарё, ки тахминан шаш хазор кадам мушаки рангин дар хаво cap дода буданд, ки руи осмон пушида шуд ва хаво хама аз моххои сурху зард ва сапеду зангорй пур шуда буд, то ки заррахо бар руи замин намоён мешуд»... ва гайра.

Чунон ки дида мешавад, дар мамлакатхои пешрафта ахволи мардумонаш, ки нисбатан хуб аст, чахонбинй ва муносибати мардум, сатхи зиндагй ва тафаккури онхо дигар аст. Албатта, ин пеш аз хама, ба системаи сиёсии давлатдорй, усули рохбарй, чахонбинию махорат ва донишу истеъдоди сиёсатмадорон сахт вобастагй дорад.

Боби аввали «Наводир-ул-вакоеъ»-и Ахмади Дониш чунон ки каблан хам зикр намуда будем, «Дар тахкики хукуки аба- вайн ва хадди хукуки онхо»-ном дошта, боби мазкур асосан чанбаи назариявй дорад. Яъне назари Ахмади Дониш ба фар- занд, падару модар, оила, одоби муошират, инсон ва чомеа ва гайра баён шудааст.

Дар ин боб омадааст, ки дар мачлисе хар кас аз хар бобе сухбат мекарданд. Баъзе аз бедирамй, чамъе аз душвории кас- бу зироат, чавке аз суубати рохи ишку мухаббат. Яке мегуфт: Падарам чафокор аст. Дигаре мегуфт: Модарам саросар озор, то сухан дар хадди хукук ва меъёри хукуки абавайн карор ги- рифт. Яке мегуфт:

- Чун ман дар иёли падарам, агар изхори эхтиёч кунам ва дар мутолаба ибром барам, хукм ба куфру исёни ман мекунад. Дигаре мегуфт: Дар умури сахлатулхусул, ки карду нокарди он дар шариату футувват базах ва исме надорад, агар икдом намоям, модар садои икоку ишкок мезанад. Яке гуфт: Падар маро барои инфоки явмия ба умури номашруъ рухсат медихад ва агар ибо кунам, озурда мешаваду ок мекунад. Дигар мегуфт:

243

Модарам мутриба аст, хохарамро ба раксу самоъ таргиб меку- над, вай мутанаффир аст, бои г бар у мезанад...».

Дар мухокимаронихои боло муноеибатхои гуногуни оилавй дар хонадони мардуми Бухоро дида мешавад. Падаре фарзанд- ро бо бахонае бо рохи носавоб хидоят мекунад. Модаре барои ривочи кори худ духтарашро ба он рох гайри ихтиёри фарзан- даш бурданй мешавад.

Бисёрхо мешавад, ки ин корхои абавайн хилофи ахлоки ис- ломист, вале онхо ин корро барои рузгорашон пеш мегиранд.

Баъзан чунин хам шудааст, ки бисёр оилахо аз руи талаби волидайн дигар шудаанд. Яъне аз хам чудо шуда, оилахои ди­гар бунёд кардаанд:

« - Дигаре истифто менамуд, ки модаре дорам харнф шуда. агар саранчоми мухимми манзил ба модар супорам, аз ухда бар- намеояд, агар ба дасти зан нихам, норозй аст. Ва бар сари хар обу таом гавго бунёд мекунад ва зиёдасарию зиёдаталабй ме­кунад, то хадде, ки гуё дигаронро хеч хакке намемонад, гуё хама аз они уст ва барои у. Собик ду зан аз ман ба талоку фирок овард ва дар зани сеюм низ хол хамон аст, ки дар аввал ва дуюм. Агар ба хукуки зан киём орам. модарам хушнуд наме­шавад, магар ба талок, ки чабре ихтиёр кунам... Ман ташхис наметавонам кард, ки риояти кадом тараф кунам. Агар чониби модар гирам, бояд, ки аз хакки зан даст бардорам ва агар та- рафдории зан кунам, бояд ки оки модарро ихтиёр намоям.»

Албатта, хамаи масъалахои хукукй ва дигар масъалахое. ки марбут ба рузгори инсонист, дар асосй конунхои исломй мат- рах, халлу фасл шудаанд. Аз ин ру, Ахмади Дониш ин масъа- лахоро дар хамин замина хеле нозук ба муоина мегирад. У ба бахсхои дар боло оварда аз хамин мавкеъ, вале на чун мутаас- сиб, балки басо чиддй ва огох ба кор мегирад. Аз ин чост, ки Ахмади Дониш ба он бахс чунин хамрох мешавад:

«Гуфтаанд: Бале, матлаб хамин аст, ин ишколро аз пеш бар- дорй ва хакикати холро камохй мутобики офоку анфус шарх дихй.

Гуфтам: Падару модар мавриди эхсону шукранд, бар такди- ре, ки солех бошанд ва ба фарзанди худ некихоханда ва салохи холи у чуянда, ки агар фосик бошанду ба фарзанд некй намехо- ханд ва салохи холи уро наметалабанд, балки гарази худро мечуянд, мавриди он хукук, ки дар оёту аходис омада нестанд. Ва хол он ки хар як аз абавайн муддаии инанд, ки-мо дар хама

244

акволу афъол, ки аз мо содир мешавад, хайри фарзандро мехо- хем... Яъне бояд, ки кавлу феъли абавайн муфзй ба хилофи шаръ нашавад ва дар дину муруввати фарзанд халал наёрад, то фар- занд барои дарёфти ризогии онхо муртакиби махзуроту махчу- рот нагарад. Масалан, барои нафакаи онхо дуздию кимор пеша накунад ё барои дарёфти хушнудии модар зани солехаи худро талок дода ба фиску фасод ва зинову ливотат наяфтад.»

Ё худ агар масъалахои боло тамоман ичтимой бошанд, дар «Наводир-ул-вакоеъ» масъалахои сиёсй низ чои намоён доранд. Масалан, дар боби «Муомилаи салотин ба фукаро ва раъият»... омадааст, ки:

«...Раъият махалли дахли вилоятанд ва аскария маврии харч- То дахл набувад, харч мутахаккик нашавад, балки салтанат бе раъият мутасаввир нагардад ва раъият бе истимолату мархама- ти султон мучтамеъ нагардад. Пас подшох, ки мушфики дарвеш аст, нигахбони мулку давлати хеш аст, адлу раъфати султон му- чиби амну истикомат аст мар раъиятро, то иморату зироат беш иттифок афтад. Ва чун иморату зироат ва адлу раъфати султон ва арзонй баландовоза шавад, бозаргону мусофирон дар ин шахр рагбат оранд ва галлаву кумош ва дигар матоъ биёваранд, пас мулк ободон шавад ва хазоин маъмур гардад. Ва бад ин сабаб лашкариён серу фарохдаст гарданд. Ва чун лашкар кавй бошад, хавзаи миллат махфуз монад ва шариат ривоч ёбад.»

Дойр ба донистани худуди кишвар ва арзиши минтакахо ва кадом минтака чй дорой доштану холати он ва дар ин бора му- носибати шох бо сарзамини худ ва хамчиворон хикояти хеле оличанобе аз тарафи як сайёхе ва муносибати он дар муколимае миёни уву марди аврупой чизхои чолиб мавриди арзёбй карор дода мешавад:

«Яке аз сайёхон гуфт: Дар Пешовар пеши хоким будам, ки аз кибали фарангй фармонраво буд. Рузе ба такриб пурсид, ки Бу­хоро чй микдор замини солехи заръ дорад?

Гуфтам: Такрибан ей фарсах шаркану гарбан ва понздах фар­сах шимолану чанубан.

Гуфт: Самарканд чанд аст?Гуфтам: Нисфи он.Гуфт: Насаф?Гуфтам: Сулеи он.Гуфт: Аксарияти дохилии Бухоро чанд аст?

245

Гуфтам се хазор, дар вакти ошуб дувоздах хазор, ба замми атроф бист хазор.

Гуфт: Мавочиби онхо аз кучост?Гуфтам: Аз ушру хирочи иртифоот.Гуфт: Агар осмон набораду замин надихад?Гуфтам: Аз чуълу андоз.Гуфт: Агар халк, очиз оянд ва натавонанд?Гуфтам: Аз мусодараю яргу, ки тавонгаронро афтад...Гуфт: Аз Шумо то Бадахшон чй микдор рох аст?Гуфтам: Тахминан хаштод фарсах.Г уфт: Аз махкуми кист?Гуфтам: Ба сари худ аст.Гуфт: Чаро подшохони шумо онро дар тасарруфи худ намео-

ранд?Гуфтам: Он чй замин аст?Бихандиду гуфт: Шумо турфа мардуми бетамизед, чое, ки

зар бояд сарф кард, шумо зар металабед ва чое, ки зар аст, на- мечуед. Бадахшон замине аст, ки дар он чахор маъдан: тилло, нукра, лаълу лочувард...

Пас, химмати подшохона он иктизо дорад, ки зар аз кону дурр аз бахр биталабад ва ба фукарою раият сарф кунад, то чахонро обод дорад ва ба кушодани нахрхо ва буридани куххо ва зироа- ти арозии майита. Ва кушодани кон бе раъият имкон надорад ва гайра...».

Дар казоватхои зикршуда мо чахонбинии шохон, масъулият- шиносии онхо, усули кишвардорй, муносибат бо халк ва мако- моти давлатиро ба хубй фахмида метавонем. Мебинем, ки ами- рони мангитй ба чуз рохи зуриву тарсонидани мардум кори ди- гареро фикр хам накардаанд. Аз ин чост, ки одцитарин аврупой дар боби кашвардорй нуксону сустии амирони мазкурро медо­над. Ин аст, ки назари Ахмади Дониш низ ба ин сулола хуб нест ва онхоро мутанаффир, кутохандешу бетамиз меномад.

Чизи дигареро низ метавон таъкид намуд, ки дар «Наводир- ул-вакоеъ» мавзуъхои хамосй хам ба назар мерасанд. Маса- лан, боби XVIII, саргузашти муллой Бойсунй - Холмухаммад, ки марди шучоъу далер ва шикорпеша аст. Рубарушавии у бо хайвоноти даррандаи вахшй, мисли шер, хирс ва гайра, ки гохе бо зурй ва баъзан бо хилла чон ба саломат мебарад, аз часурию

246

далерии Холмухаммад шаходат медих,ад. Хатто аспи худро ба болои дарахт мебардорад. Яъне тахамтан хам хает.

Хамин Холмухаммад накл мекунад, ки:« - Дар он овон Шукурбек ном дузди шабрав дар Бухоро

истило ёфта, басе захиму часим ва айёрпеша буд. Дар шаб бо сад нафар мукобил шудй. Харчанд диловарони зурозмо ва ба- ходурони разморо сари рохаш мегирифтанд, тоби мукобала наёварда руй ба гурез мениходанд.

Бо ин хама чабборй ва мардумозорй карампеша, олихнммат буд, ки мол аз тавонгарони бахил ентада ба мустахаккикони алил расо- нидй ва бо ахли илм ва талабаи Мадраса ноной кардй. Амир барои уро дастгир кардан 100 динор зари сурх ба гарав моида буд.

Мулло Холмухаммад инро шунида назди мударрис меояд ва ичозат мепурсад. ки барои дастгир намудани Шукурбек ба у ичозат бидихад. Мударрис мегуяд: Зинхор ин чуръат мекунй, ки пои хасмро надида, cap ба бод дихй. Надонй, пил шикори гавазн нашавад ва шер мусаххараи рубох нагардад:

Х,ар ки бо фулодбозу иаича кард,Соида симини худро раича кард.

Хулоса, мударриеро бовар кунонидам ва у ба ман ичозат дод ва таъкид намуд, ки эхтиёт кунам. Ман - мегуяд Мулло Холму­хаммад, ба назди асас рафтам ва арзи максад намудам. У низ хандид. Чун уро низ бовар кунонидам, у як микдор пул ба ман доду гуфт, ки мондагиашро баъд аз овардани Шукурбек мегирй. Ман рафтам. Рохи омадани Шукурбекро аник кардам. Уро ша- бонгах ёфтам ва хостам бо калтак ба сари у фурорам, вале на- медонам, ки чй шуд. Хамин кадар ёд дорам, ки руи синаам кухи гароне афтида буд... Шукурбек максади маро пурсид ва ман чи- зеро аз у пинхон накарда росташро гуфтам. У дигар маро азоб надод ва бо худ ба мадрасаи Кукалтош, ба яке аз хучрахои он бурд. У дар он чо аз макеади ман комилан огох шуду як панча зари сурх ба ман дод ва гуфт, ки ба зодгохат рав. Агар бори дуюм фирефта шавию ба дастам афгй, зинда намеравй.

Ман чунин кардам.Дар ин хикояти саргузаштии вокей Шукурбек айёрпеша, дузд

ва рохзан аст. Гумон меравад, ки ноадолатихои замона уро ба ин рох бурдааст. Агар у ноодил мебуд, баробари хучуми Мул­ло Холмухаммад уро бо андак зарба нобуд мекард. Вале у ин амалро дар нисбати як нафар толибилми бебизоат раво надид.

247

Холмухаммад низ як тан толибилми дилсофу поктинат, вале хдрису комчу аст. Аз ин ру, у хам аз тахсил ва хам аз истико- мат дар Бухоро махрум мемонад.

Образи Шукурбек аз он чихат чолиб аст, ки у ба мукобили ноадолатихо мебарояд. Онхоеро, ки аз хисоби истисмор сохиби сарват гардидаанд, ба онхо кинаварзй мекунад. Моли ба ягмо бурдаашро ба толибилмон, бенавоён, дармондагон, тангдастон таксим менамояд.

Умуман, «Наводир-ул-вакоеъ»-и Ахмади Дониш дар адабиё­ти асримиёнагии точик як падида, як бозёфти адабй аст, ки дар он хам аз сиёсат, аз ичтимоиёту иктисодиёт, аз илму фарханг ва аз таъриху адабиёт, аз бархурди фархангхову тамадцунхо, аз нак- ши инсон ва чамъият бахсхои сершумор ба миён меорад.

У барои иешрафти давлат, инкилобхои фикрии мутафакки- рон, эчодкорон зимомдорони вакт, амирони мангитиро сахт ба зери тозиёнаи танкид мегирад. Баробари хондани асар дар пеши назари хонанда шахсияте намудор мешавад, ки аз илму маъри- фат, фархангу таърих, сиёсат, усули кишвардорй, шеъру адаб, дину ойин, тамаддуну хикмати миллй хеле ва хеле амику дакик огох аст. Яъне нависандаи китоби мазкур сиёсат, иктисодиёт, илму фарханги миллиро комилан медонад. Дар баробари ин, у аз сиёсат, иктисодиёт ва илму фарханги Аврупой низ огохй дорад. Ин аст, ки Ахмади Дониш мушаххасан Бухоро ва каламрави онро бо Россия ва ба ин восита бо Аврупой Рарбй то ба андозае мукоиса мекунад. Аз ин чихат танкиди Ахмади Дониш танкиди зохирй ва хар чи бодобод нест! У он масъалаеро, ки махкум кар- данй шавад, хеле хуб аввал пахлухои онро месанчад, муойина мекунад. Чднбахои нораво ва нуксондори онро дармеёбад ва бо далелхои сершумор ба зери тозиёнаи танкид мегирад.

Ахмади Дониш дар «Наводир-ул-вакоеъ» бештар масъалахои хеле мухими фалсафиву ичтимоиро, ки мавзуи бахси бузургони пешин карор доштанд, ба миён мегузорад. Онхоро тачдиди назар мекунад. Аз дидгохи нав, аз руи талабу такозои замони нав, ша- роиту заминахои нави таърихй ба тадкику мушохида мегирад.

Албатта, дар огози сари кудрат омаданаш назари амир Музаффар ба Ахмади Дониш дигар будааст. Ахмади Дониш хайати сафорати Бухороро дар бесаводию бедонишй муттахам намуда, онхоро кутохназар, худбину худхох, бемасъулият, кафомонда меномад. Бо вучуди хамаи ин, амир Музаффар хид-

248

мати Ахмади Донишро кадр менамояд. Аз руи салохияте, ки амир дар ихтиёр дошт, у ба Ахмади Дониш рутбаи илмй-ифги- хории Урокро раво мебинад. Зеро Амир борхо чанбаи амалии машваратхои Ахмади Донишро тачриба намуда, дар амалияи муносибат бо Россия дидаву санчида буд.

Аз ин ру, ба Ахмади Дониш чанд мансаби давлатиро низ пеш- ниход мекунад. Ахмади Дониш холати дохилии дарбору дарбо- риёнро дида, суиоришхои амирро ба таъхир меандохт. Ахмади Дониш хуб медонист, ки «ба як гул бахор намешавад». Танхо бо омадани Ахмади Дониш ба дарбор тагйироти чиддие дар сиёсат пайдо намешавад. Зеро хасудону чоплусон амирро хеле хуб ихота кардаанд.

Ахмади Дониш дар «Наводир-ул-вакоеъ» дар аксари бобхои он масъалахои мухимтарини назариявию амалиро аз мавкеи хик- мати тамаддуну таовун ба тахлилу тадкик мегирад. Ч ордах боби асар (то рисолаи сиёсй) ба масъалахои басо мухим-фалсафаи зин- дагй, хикмати амалй бахшида шудаанд. Дар ин фаслхо масъа­лахои чамъияти инсонй, бехбудии рузгорй мардум, химояи адо­лати ичтимой ва рохдои он ба риштаи тахдил кашида шудааст.

Умуман, бобхои «Наводир-ул-вакоеъ» харчанд ба мавзуъхои гуногун бахшида шудаанд, мухим он аст, ки ба максади ягонаи муаллиф-яъне чй гуна ташкил намудани хаётй ичтимой ва шах­сияти инсон равона карда шудааст.

Еояи асосии «Наводир-ул-вакоеъ»-и Ахмади Дониш як бо­шад хам, вале мавзуъхои бобхо мухталифанд. Дар бобхои асар масъалахои фалсафй, сиёсй, ичтимой, ахлокй, тарбиявй, икти- содй, илмй ва гайра баён шудаанд.

Маълум аст, ки «Наводир-ул-вакоеъ» барин асар наметаво- над махсули мехнати як ё дусола бошад. Ахмади Дониш ин аса- рашро дар тули наздик ба понздах сол руи кор овардааст. Вале муносибати мантикии бобхо хеле кавй аст. Аз тарафи дигар, дар хар як боб муаллиф чонибдори адолати ичтимой буда, онро пай- васта чонибдорию химоя менамояд. Танхо бобхои 16-23 андак дигартар буда, дар ин бобхо накши фалсафа ва шеъру адаб зиёд- тар аст. Аз суи дигар, ашъори ахлокй-тарбиявй дар ин кисмат зиёдтаранд. Аз ин ру, Ахмади Дониш ба ашъори Саъдии Шерозй бештар ру оварда, бо порахои шеърй чанбаъхои тарбиявй - ахлокй ва таълимии хикояхои асари худро таквият медихад. Ин аст, ки

249

порахои шеъри низ барои тасдики андешаву афкори муаллиф оварда шудаанд.

«Г\. (XI \ Ё МУХ ГАС API АЗ ТАЪРИХИ САЛТАНАТИХОНАДОНИ МАНГИТИЯ»

ВА МАЗМУНИ МУХТАСАРИ ОНДигар аз асархои Ахмади Дониш, ки дар он афкори сиёсиву

ичтимой ва маорифпарварии у хеле дакику амик баён шудааст, «Рисолаи таърихй»-и мутафаккир мебошад. Рисолаи мазкур кис­мати аввали асарест, ки Ахмади Дониш онро тамом карда ната- вонистааст. Азбаски асар нотамом мондааст, мухаккикон воба­ста ба мазмуну мундаричаи он ба ин асар унвонхои «Таърихча», «Рисола ё худ мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Манги- тия», «Тарчумаи холи амирони Мангития» мондаанд. Маълум аст, ки рисола дар овони пиронсолии олим таълиф шудааст, зеро танхо наздиктарин эчодкорон аз таълифи он хабарор шудаанд. Ин асар такрибан пас аз дах соли таълифи «Наводир-ул-вакоеъ» эчод шудааст. Аз ин ру, Ахмади Дониш тули дах сол тавониста­аст сохтори сиёсии Бухоро, амиру аморат, сиёсатмадорону усу- ли кишвардории онхоро боз хам чукуртар омузад.

Ахмади Дониш дар «Наводир-ул-вакоеъ» оид ба аморати Бу­хоро ва тартиботи сиёсиву ичтимоии он ва иктисодиёти киш­вар, бо ислохот ва бартараф намудани як катор нуксонхо бех- будии онро чашмдор буд. У дар давоми дах соли омузиши мин- баъда хеле фикру акидаи худро оид ба ин масъала тагйир дод. Ана хамин чанбаъ рисолаи «Таърихча»-ро руи хастй овард.

Аслан Ахмади Дониш рисолаи «Таърихча»-ро ба фаслу боб- хо чудо накардааст. Ин рисола такрибан аз нигохи сохтор чу­нин аст: мукаддима, кисмати асосии асар, ки дар навбати худ аз ду бахш иборат мебошад. Баъд аз ин хотимаи рисола пеш меояд, ки муаллиф андешахои худро натичагирй мекунад.

Дар кисмати мукаддимавии рисолаи «Таърихча» андешахои Ахмади Дониш хамчун олими ситорашинос ва хам донандаи фалсафаи инкишоф баромад мекунад.

Мукаддимаи рисола ва бобхои минбаъдаву хулоса хам ун- вонгузории махсус нашудаанд.

Мутафаккир Ахмади Дониш дар кисмати мукаддимаи рисо­ла таъкид менамояд, ки: «Сабаби ободии чахон хаёт, об ва адл бувад ва боиси харобй маргу беобй ва зулм бошад, ки воситаи

250

он аз олами улвй шаш кавкабанд. Вучудиёт аз натоичи табъи Офтоб ва Зухраву Муштарй ва адамиёт аз таъсироти Миррих ва Зухалу Камар ва Аторуд муовини \ар кадом аст».

Ба назари Ахмади Дониш, дунё ва чамъияти инсонй иайваста дар чараёну рушд ва таназзулу харобшавй карор дорад. У ин фал- сафаи инкишофро дар заминай сайри сайёрахо казоват менамояд.

У чунин мешуморад, ки агар 4 ва ё 100 сол давраи рушд бошад, хатман боз таназзул пеш меояд. Барои рахой аз ин дар хар як давраи муайян аз шохон ё аз донишмандон як ё якчанд гурух ба миён меоянд, ки онхоро мучаддиди (навкунандаи) алф (хазор) ё миа (сад) мегуянд. Темур, Хусайн Бойкароро, Абдул- лоххон ва Субхонкулихонро нишон медихад. Махсусан, Ахма­ди Дониш нисбат ба амир Шохмуроди мангитй назари мусбат дорад. Зеро баробари сари кудрат омадани ин амир дар Бухоро навкарди сохахо o f o 3 шудааст. Ахмади Дониш ба Шохмурод бахои баланд медихад.

Дар рисола нахуст вокеаи сиёсй тасвири хукумати Дониёл ва фаъолияти сиёсии уст, ки «Харобии назми аморат дар замо­ни амир Дониёл ва тарзи салтанати амир Шохмурод» унвонгу- зорй шудааст. Назари Ахмади Дониш ба ин амир ва усули мам- лакатдории у манфй мебошад. Ахмади Дониш амир Шохму- родро нуктаи баланд дониста, таназзулро аз ахди амир Музаф­фар мехисобад. Муаллиф менависад: «Аз чумлаи тадбирхое, ки амир Музаффар дар назми хукумаг ниход, барои чалби дил- хо ва чамъияти халк яке он буд, ки хамаи нукуд, дираму динор- ро ба нияти газо ва аскардорй аз миёни халк бардошт ва дар хазина ниход, то агар касеро ба дираму динор эхтиёч афтад, бояд, ки сари иродат ба давлатхона нихад ва хидмати амир ку­над ва зар бибарад. Дигар аксар заминхои фукароро барои ча- хорбоги султонй баргузида бихарид ва хар чо, ки боге меди- данд, барои подшох мехариданд, то агар касеро иштихои ангу- ру анчир, cap дар ин дарбор нихад»...» Инчунин боз мегуянд:

« - Назми дигаре, ки амир Музаффар дар боби вилоягдорй ниход, ракси бачагон ва кавлу газали масхарабозон ва дорбо- зии эшон буд, ки дар тамоми солу фусул ин шева дар хамаи каламрав чорй буд ва шабу руз овози нойу духул аз хама чо баланд буд, то халк гумон кунад, ки хама чо орамидааст...»

Назари Ахмади Дониш ба амир Абдулахад низ хеле бад аст. Ин амир ягон бехбудй барои кишвар накард, - мегуяд муаллиф.

251

Дар хотимаи рисола бошад, Ахмади Дониш оид ба заволё- бии аморати Бухоро сухан ронда - «Осмон бар сари инхо фуруд ояд!» - мегуяд. Ин аз як тараф, аз руи муоинаи ситорах,о бошад, аз тарафи дигар, Дониш хобхои дидаи дустонашро низ чунин таъбир мекунад, ки натичаи аз осмон рехтани ситорахо, танхо монанди шер, пора - пора гардидани у аз дасти даррандагони дигар ва гайра ба ин гувох мебошад.

Бояд гуфт, ки асари Ахмади Дониш, хамчунон ки аз унвони он пайдост, яъне «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хо- надони мангиятия» таърихй-адабй буда, дар афкори адабии то­чик макоми арзанда дорад. Аз сабаби он ки таърихи асри муал­лиф аст, чанбаи бисёр кавии публитсистй низ гирифтааст. Вале он на публитсистика, балки асари таърихист, ки аз чониби адиби нависанда ва шоир руи кор омадааст. Дар рисолаи мазкур Ахма­ди Дониш давлатдорони кишварашро бо усули пешгирифтаи давлатдориашон тасвир менамояд. Мушохидахои худро ошко- ру пинхонй баён мекунад. Таваччух танхо ба амир Шохмурод дорад. Амирони дигари мангитро хеле сахт накухиш мекунад. Дар мукобили амир Шохмурод хамон амирони дигари ин суло- ла меистанд. Масалан, амир Музаффар ва сари кудрат омадани уро сабаби бадбахтй барои чомеъа медонад. Зеро у дар фикри бехдошти кори мардум нест. У кудратро воситаи бехтарини хуш- гузаронии умр мехисобад. Аз ин ру, холати кишварро басо табох намуда, халку мамлакатро ба вартаи халокат расонида буд. Аз чумла, системаи тамоман вайрон ва бенизоми идораи давлат ва хокимияти амир, ахлоки разилаи аъёну ашроф ва дигар табакаи хукмрон, бехирадй ва бетадбирй, кутохназарй ва беандешагии нахуствазири Бухоро, ахлоки паст ва хислатхои манфии худи амир кишварро ба гирдоби халокатбор андохта буд.

Умуман, хизмати таърихии Ахмади Дониш дар он аст, ки у мероси адабй-илмй ва таърихии миллиро басо амику дакик ом- ухга, хамчун таълимдихандаи Мадраса ва фарди аз таърихи ислом огох ру ба эчод овардааст. Хусусан, таъсири «Бадоеъ- ул-вакоеъ» аз осори мансури бадей дар эчодиёти Ахмади До­ниш хеле фаровон хис карда мешавад.

Аз тарафи дигар, се сафари у ба Россия - ба олами Fap6, шиносоии мутафаккир ба симохои сиёсй, харбй, илмй, фархангй, адабй, инкилобй ва дигарон рохи зехнии уро ба тафаккури нав мухокимарониву натичагирии дигар равшан намуд. Ин аст, ки

252

тозакорихои мутафаккир низ дар хдмин замина зухур карда­аст. Хамин инкилоби фикрй, чунбиши зехнй, гановати аклонй уро водор намудааст, ки тархдфкани чараёни нави мафкуравй дар таърихи адабиёту фарханг эътироф гардад.

АХМАДИ ДОНИШ ВА МАОРИФПАРВАРОНИ ДИГАР

Ч,араёни маорифпарварй яке аз дастовардхои таърихии ади­бони точик дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX ба шумор ме­равад. Хидмати таърихии Ахмади Дониш аз он иборат аст, ки у тавассути эчодиёти худ ба зухуру ташаккули чараёни маориф­парварй бунёд гузошт.

Ахмади Дониш афкори маорифпарвариро хам ба воситаи эчодиёти худ, хам ба воситаи хамфикронаш оммавй намуда­аст. Мутафаккир дар асархои «Наводир-ул-вакоеъ», «Рисолаи таърихй», фасли понздахуми «Наводир-ул-вакоеъ», «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» ва гайра ба ин масъала таваччухи бештар кардааст.

Бузургтарин адиб, шоир, олим ва мутафаккир, устод С.Айнй оид ба бахрабардории худ аз Ахмади Дониш ва махсусан, аз китоби «Наводир-ул-вакоеъ»-и у менависад: «Ч,охои ба ман таъ- сирбахши «Наводир-ул-вакоеъ» он чохо буданд, ки ман он ходи- сахоро дар зиндагй дида будам ва аз он ахвол дилтанг мешу- дам, аммо хеч гох ислох кардан ва ислох шудани он ахвол дар хотирам намегузашт ва гумон мекардам, ки дунё хамин тарз омадааст, хамин тарз хает ва хамин тарз хам меравад, чй бояд кард?»... Аммо, вакте ки ман он ахволро дар мундаричоти «На­водир-ул-вакоеъ» бо тасвири реалй-бо тасвире, ки худ дар зин­дагй дида будам, хондам, ба ман холати дигар руй дод. Ман дар дили худ гуфтам ин ахволро ислох кардан лозим аст, мо­дом ки ман аслох карда наметавонам, аз вай нафрат кардан зарур аст... Инкилоби фикрй кам хам бошад, дар ман ана дар хамон вакт руй дод».

Албатта, дар ин казовати устод С.Айнй мо чунбишхои фикрй, бедории мафкуравии ахли каламро ба хаёт, ба рузгор мебинем. Яъне аз чунин тарзи мухокимаронй пай бурдан мумкин аст, ки муносибати рушанфикрон нисбат ба рузгору зиндагй, ба сохти давлатдорй дигар шудааст.

Чунин бедории фикрй дар замони зиндагии Ахмади Дониш зухур карда будааст. Минбаъд хам он доираи васеътареро фаро

253

гирифтаву барои худшиносии мардум мусоидат кардааст. Аз чумла, дар интихои садаи XIX ва огози асри XX як зумра ахди калами Осиёи Миёна: Шамсуддин Шохин, Абдулкодирхоча Савдо, К^орй Рахматуллохи Возех, Тошхоча Асирй, Мирзо Сироч, Фитрату Мукимй ва дигарон дар осори адабии худ ба­рои бедории фикрии омма хидматхои бедарег кардаанд.

Ба хусус, тасвирхои реалистии Ахмаи Дониш ба тачрибаи эчодии устод С.Айнй таъсири бузург расонидааст. Хатто тасви­рхои реалистии Ахмад Махдуми Дониш чавони болаёкат - устод С.Айниро ба вачду хаячон овардааст. Ин аст, ки С.Айнй таассу- роти худро пас аз хондани хикояти «Баккол»-и Дониш дар асари худ «Ёддоштхо» чунин баён кардааст:

«-Ин тасвири Ахмад Махдум ба ман ончунон таъсир кард, ки бакколи мазкур аз назарам хеч дур намерафт. Бакколеро, ки дар раставу бозор дар ду тарафи куча, дар дуконхояшон нишаста молхояшонро мефурухтанд, дуру дароз пешашон истода тамо- шо кардан барои ман мумкин набуд...

Охир дар ру ба руи гушаи чанубу гарбии сахни мадрасаи Кукалтош бакколеро ёфтам, ки аз чихати киёфаи зохирй хам ба бакколи Ахмади Дониш монандй дошт... Ман хар руз со- атхо дар гушаи сахн нишаста, кору кирдори он бакколро дар зери назари диккат мегирифтам ва хама кори уро мувофики кирдори бакколи Ахмад Махдум меёфтам ва дар ин хол ба на­зари зиндагибинй ва хакикатнигории муаллифи «Наводир-ул- вакоеъ» тахсин бар тахсинам муафзуд».

Аз ин ру, осори илмй, таърихй, адабй-бадеии насрй ва ман- зуми Ахмади Дониш на танхо барои илму адабиёт арзишманд аст, балки барои халку давлат ва умуман чамъият ахамияти бунёдй дорад. Зеро осори у бедории фикрй, чунбишхои маъна- виётсоз ва инкилоби мафкуравии миллиро таъмин намуд. Ба­рои худшиносй ва хуввияти миллй заминахои асосй бунёд кард.

САВОЛ ВА СУГЮРИ1ЩО

1. Оид ба овони тифлй ва чавонии Ах,мади Дониш чй медонед?2. Дар бораи тах,сили ибтидой ва мадрасавии Ах,мади Дониш маълумот дих,ед.3. Ах,мади Дониш х,ангоми тах,сил дар Мадраса боз ба кадом касбх,о машгул шудааст?

254

4. Сабаби ба дарбор даъват карда шудани Ахмади Дониш чй буд?5. Ахмади Дониш чанд дафъа ба Россия сафар кардааст?6. Кадомин амири Бухоро ба Ахмади Дониш унвони илмй-иф- тихориро сазовор донист?7. Оид ба Дониш ва натичаи сафархои Ахмади Дониш ба Россия нак/i кунед.8. Сабабх,ои норизоии амир Музаффар аз Ахмади Дониш чй буд?9. Х,ангоми сафарх,ояш Ахмади Дониш бо кадом шахсони сиёсй- таърихй, илмй ва фарх,ангй шинос гардидааст?10. Оид ба поёни рузгорй Ахмади Дониш чй медонед?11. Мероси илмй ва адабии Донишро номбар кунед.12. Асархри илмии Ахмади Дониш кадом мавзуъхрро дар бар мегиранд?13. Мазмуни мухтасари «Наводир-ул-вакреъ»-ро нак,л кунед.14. Дар «Наводир-ул-вакреъ» кадом лах,зах,ои шарх,их,олии на- висанда инъикос шудааст?15. Дар кадом фаслхри ин асар мусофирати нависанда ба Рос­сия баён гардидааст?16. Назари Ахмади Дониш ба авзои Бухоро ва мукрисаи он бо Россияро нак,л кунед.17. Ахмади Дониш оид ба муносибатхри ахлок, ва оиладорй чй алок,а дорад?18. Дойр ба фаслхри х,амосии «Наводир-ул-вакреъ» маълумот ди*ед.19. Дар хусуси шахсият ва корномаи Шукурбек чй медонед?20. Тафовути боби 15-уми «Наводир-ул-вакреъ» аз дигар боб- хри он дар чист?21. Мазмуни мухтасари «Рисола ё мухтасаре аз таърихи сал- танати хонадони мангития»-ро нак̂ п кунед.22. Таваччух,и Ах,мади Дониш ба кадоме аз амирони мангития бештар аст?23. Тафовути «Наводир-ул-вакреъ» ва «Рисола»-ро дар чй мебинед?24. Ах,мади Дониш дар таълифи «Рисола» ба кадом хулоса омадааст?25. Оид ба чараёни маорифпарварй чй медонед?26. Чаро Донишро асосгузори чараёни маорифпарварй медонанд?27. Таъсири Ах,мади Дониш ба маорифпарварони дигарро шарх, ди^ед.

255

CAB Д О

Гайри ранцурон зи кас ах,воли ранцурон .шпуре,

Захм донад чист х,оли цисмилогар тегро.

Яке аз шоирони хушзавки нимаи дуюми асри XIX Абдул ко- дирхоча Савдо дар рушди адабиёти давр сахми сазовор гузош- тааст. У асосан шоири газалсаро буда, дар тахаввули навъхои адабии дигар низ хиссагузор аст.

Абдулкодирхочаи Савдо дар Бухоро ба дунё омадааст ва санаи валодати уро миёнаи солхои 1823-1825 мукаррар карда- анд. Тибки шаходати Возех дар «Тухфат-ул-ахбоб...», барома- ди ичтимоии Савдо ба хонадони олими маъруфи асри XVII - Мавлоно Шариф тааллук доштааст. Кори Рахмагуллохи Возех дар хусуси дониши хаматарафаи Абдулкодирхочаи Савдо ва такрибан дар овони 20 - 22 - солагй мадрасаро хатм намудани у хабар медихад, ки хеле мухим ва арзишманд мебошад. Савдо чи дар илмхои табиатшиноей мисли риёзиёт, табииёт, нучум, хандаса ва чи дар илмхои инсоншиносй ба монанди таърих, адабиёт, сарфу нахв, лугат, мантик, хикмат ва гайра бахраи хеле комил дошта, нозукихои улуми мусикй ва аз чумла, «Шаш- маком»-ро низ азбар намуда, хатто дар навохтани асбоби му- сикии танбур сохибтабъ будааст.

Тазкиранигорон-Хашмат ва Садри Зиё афзудаанд, ки Савдо илми хатро хам хуб омухта, ба хаттотй низ машгул будааст. Вале пеш аз хама, Савдо дар таърихи адабиёти точик хамчун шоири лирик-газалсаро шухрат дорад. Савдо хануз аз овони хурдсолй, хангоми тахеил дар Мадраса ба эчоди шеър низ шугл варзидааст. Мухим он аст, ки шоир дар эчоди газалиёту мусам-

256

матхо тахаллуси «Савдо»-ро ба кор бурда, дар эчоди осори тамо- юли хачвидошта тахаллуси «Бепул»-ро кор фармудааст. Зиёда аз ин, Мирзо Абдулазими Сомй дар «Миръот-ул-хаёл» хабар меди- хдд, ки Савдо дар ахди Насруллохдон (1826-1860) ба дарбор чалб карда мешавад ва у дар ин чо бо пешаи таррохй (кашидани тархи иморатхо) ва наккошй касби маош мекардааст.

Муаллифи хамин тазкира, яъне дар ахди амир Насруллох- хон ба дарбор рох ёфтани Мирзоабдулкодирхоча Савдоро хо- тиррасон менамояд. Аз чумла, у таъкид менамояд, ки:

Дар айёми султони волочаноб,Амир Насруллохи баходурхитоб.Ба таррохию пакт маъмур буд,Зи инъоми алтоф масрур буд.

Баъди ба сари кудрат омадани писари Насруллоххон-амир Музаффархон (1860-1885) Савдо хамчун яке аз надимони хоси Музаффархон фаъолият кардааст. Вале маълум аст, ки амир Музаффархон хеле шахси айёшу камхавсала ва нисбати мулку давлат бепарвотаре будааст ва аз ин ру, ин хислати у ба Савдо чандон писанд наомадааст. Соли 1873 Абдулкодирхочаи Савдо бо як супориши амир Музаффархон рохи Балчувонро пеш меги­рад, вале аз руи тасдики устод С.Айнй, шоир дар синни 50-со- лагй дар дарёи Вахш гарк шудааст.

ЭЧОДИЁТИСАВДО

Савдо, асосан дар эчоди газал, рубой, мусаммат табъи ба­ланд доштааст, вале бисёр афсус, ки тангии маишй уро имкон надодааст, ки ашъорашро мураттаб намуда ба табъ бирасонад. Аз тарафи дигар, Абдулкодирхочаи Савдо дар тахаввули нас­ри бадей низ сахми босазо дорад. Ашъори гиноии Савдо аз мав­зуъхои ишку ошикй, шуру исёнхои калбии инсонй, хиссиёти но- зуку латифи одамй, бемехрии махбуба, вафодории ошик, бесаб- риву ношикебоии маъшука ва бовафоиву шикебоии ошик ва гайра иборат аст.

Умуман, лирика ва осори манзуми Савдоро мухаккикон ибо­рат аз ду кисмат донистаанд: лирикаи ошикй ва ашъори хачвй- мутоибавй. Дар рузгори Савдо таъсири Бедил ва чараёни беди- лизм дар шеъру адабй Осиёи Миёна махсус буд. Аз ин ру, ин таъ- сир дар ашъори Савдо низ ба хубй ба мушохида мерасад. Албат-

257

та, ашъоре, ки то андозае охангхои тасаввуфй доранд, у дар так- лид ба газалиёти Х,офиз эчод кардааст ва чунин муносибати Сав- до дар пайравии ашъори Бедил низ ба мушохида мерасанд. Чу­нончи, газали зерин, ки онро зери нуфузи ашъори абулмаонй Мир­зо Абдулкодири Бедил гуфтааст, мунтахабан зикр хохем кард:

Гайри ранчурон зи кас ахволи ранчурон мапурс,Захм донад чист холи чисми логар тегро.Донишат гар хает, асбоби тамаллук гу, мабош, Зевараш лозим набошад, хает гавхар тегро.Аз мувосохои53 софитинатон эмин мабош,Фитнахо дар табъи хамвор аст музмар тегро. Фитначуёни замонро тарбият кардан хатост,Чарх аз мохи нав охир хурд бар cap тегро.Аз фусуни тарбиятхои замон эмин мабош,Руй бар санг аст аз дасти фасонгар54 тегро....Табъи Савдо пур зи истехсоли дунон тира аст,Санги нохуш аз фасон55 созад мукаддар56 тегро.

Газали мазкур хеле хунармандона эчод шудааст, мундаричаи газал ва мавзуи асосии он ичтимой-шиквой буда, холати кахра- мони лирикиро фаро гирифтааст. Азбаски бунёди тематикии он холати ичтимоист, аз ин ру, хусусиятхои шаклии он низ ба мун- дарича иурра тобеият кардаанд ва ин аст, ки тег асбоби берах- мтарин ба сифати радиф карор дода шудааст.

Аз нигохи вазн газали боло хеле чолиб аст ва пеш аз хама, бояд гуфт, ки газал тобиши кавии андарзй-мавъизатй, насихатй дорад ва аз ин ру, эчоди он дар бахри Рамал карор дода шуда­аст. Яъне газал дар бахри Рамали мусаммани махзуф ё максур иншо шудааст, ки аркони он чунин аст:

- v - - /- v - - v - - /- v - - v - - /v - ё: - v~ фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун ё фоъилон ва гайра.

Бояд гуфт, ки то ба имрузхо чамъоварии абёти парешони Сав­до идома дорад ва он чи ки ахли илм то кунун дастрас намуда- анд, бо назардошти шумораи аник чунин аст: 5 касида, 56 газал, 2 мусаммати мухаммас, 6 маснавй, 9 рубой, 11 фард, 1 марсия, 1 тарчеъбанд, 1 таърих ва хафт хикояти мансур, ки яке аз онхо ба номи «Музхикот»57 машхур аст.

53 Мувосо - созиш, ёрй,54 Фасонгар - чархчй,55 Фасон - к,айрок;, 56Мукаддар-тира, сиёх,,57 Музх,икот - мутоибот.

258

Дар ашъори гиноии у, ки газалиёт кисмати марказии онро фарохдм овардааст, ишк ва мавзуъх,ои ишкй, нозу h c t h f h o h маъ- шука, азоби хичрону дарди чудой, умеди висолу дурии фирок, таъчили махбубаву шикебоии ошик ба таври хеле вокей, му- шаххас, дилпазиру хушоханг, гушнавозу чаззоб, матлубу мак- бул ва бо хунарй хеле волои шоирона эчод гардидааст:

Омадй, харфи нихонй ба ту дорам, бинишин,Дарди хичрои ба ту як-як бишуморам, бинишин. Нафасе сабр намо, ин хама таъчил макун,Пеши ту киссае аз хуни дил орам, бинишин.Хама сармоя ба савдои ту дорам, хайхот,Ним чон мондаву он хам бисупорам, бинишин.Хуштар аз чони чахон донамат, аммо чй кунам, Мадади толеъу икбол надорам, бинишин.Омадй бар сару имруз тараххум кардй,Руи худ бар кафи пои ту гузорам, бинишин.Аз гами турраи ошуфтаат ошуфта шудам,Ч,амъ гардон ба мурувват дили зорам, бинишин.Солхо з-он нигахи масти ту будам махмур,То зи cap дур шавад ранчи хуморам, бинишин.Хает сармашки дабистони дилам ёди хатат,Рузу шаб нест чуз ин шева шиорам, бинишин.Бармачин домон аз хоки ман, андеша макун,Пок бар боди фано рафт губорам, бинишин.Хар кас андухи дили хеш ба ёраш гуяд,Дар ду олам набувад гайри ту ёрам, бинишин.Дил ба чуз васли ту бо хеч тасалло нашавад,Нест дар хачри ту орому карорам, бинишин.

Яке аз чанбаъхои хунарии газалиёти Абдулкодирхочаи Сав­до дарёфту корбасти радиф аст ва хунарй у дар истифодаи радиф ба хаддест, ки шояд кам шоире бошад, ки онро хис намояду дар шеъраш дар чунин шакл аз он кор бигирад. Масалан, каблан мо огох шудем, ки чун гараз хасби хол, авзои кавии ичтимой бошад, у аз тег кор гирифта, барои таъкиди маъно онро (тегро) радиф карор медихад. Дар газали зикршуда, ки хадаф хичрои, фирок, дурй, сангдилию бемехрии махбуба аст, лахзаи висол, ки даме даст додааст, онро ганимат медонад ва калимаи бини- шинро (сабри махбубаро) барои таъкиди маъно ва кавй баро- мадани мундаричаи газал радиф карор медихад. Дар газали

259

зикршуда, ки аз ёздах, байт иборат аст, дувоздах, маротиба ка­лимаи (феъли амрии) бинишин ба сифати радиф таъкидан овар- да мешавад, ки максад хдмоно пойдории висол мебошад. Дар ашъори гиноии Савдо, инчунин мавзуъх,ои дигар аз кабили хачву танкид ва хазлу шухй низ хеле амик реша дорад ва хеле кавй садо медихад. У дар ашъори гиноии худ, ба хусус ахли амиро- ну хокимон, золимону мумсикон, фиребгарону калтабонон, рухониёни мутаассибу риёкоронро сахт накухиш менамояд ва дар айни хол, ба химояи адолати ичтимой мехезад. Чунончи, дар ин шеъраш Савдо зохидонро, ки ба зухди риёй ру овардаву асосхои динро дуруст намедонанд, сахт танкид мекунад:

Зохид, чй дихй маро ту пандо?Чун пандн ту нест еудмандо.Ман нуш гирифтам аз лабонаш,Дигар чй кунй хадиси кандо?Ишкнданн мо на ихтнёрнст,Моро накунед ришхандо.Тарзи дигаре биёр, Савдо,Чун тарзи туро намехарандо.

Албатта, дар танкидй зохидони риёй у ба пояи Камоли Ху- чандй нарасида бошад хам, пазироии анъанаро идома додааст. Зеро хачву танкидй Савдо чанбаи хазлу шухии кинояомезе до­рад, ки ин падида хоси худи ин шоир аст. Ин чихатро К^орй Рах- матуллохи Возех ва Шамсуддин Шохин низ таквият додаанд. Хамин хиссиёти баланди хазлу шухй хатто дар газалиёти ишкии шоир низ ба мушохида мерасад. Чунончи:

Дил гум шуда ман ба пеши раммол Рафтам, ки барои ман бизан фол.Охид, ки : «Ин матоъ бурдаст,Махбубаки шухй хурдакаксол».Як зарра вафо бурун наомад,Хоки хама бехтам ба гирбол,Сахл аст, ки дар чафо бисабрам,Хосияти сабр хает исхол.Ай чони балокашида, меох В-ай катом ситамрасида менол.Акнун ту ба дасти ишкй уй.Монандаи мурда пеши гассол.

260

Пас дар хама умри худ надидам Ороми тану фарогати бол.Хубон чу ба мо баилтифотанд,Моро чй зарурат аст ин хол?Савдо, сари ишкбозият хает,Аввал ба каф ор маблагу мол.

Ин шеър аслан ишкй буда, оханги бисёр нозуки шухиомезе дорад, ки хоси сабки Савдо аст.

Хадафи шоир баёни арзи холи ошик буда, зимнан хачви рам- мол низ хеле устодона ба тасвир омадааст, ки танкиди хурофот мебошад. Шоир дар маъниофариву мазмунсозй аз санъатхои шеърии игрок, киноя, мачоз, тавсиф, таносуби сухан, нидо, таш- бех, истиора ва гайра хеле ухдабароёнаву хунармандона кор гирифтааст.

Аз нигохи хусусиятхои шаклй низ газали боло чолибу хонда- нист. Газал мурадцаф нест. Кофияхои газал калимахои раммол, фол, хурдакаксол, гирбол, исхол, менол, гассол, бол, хол, мол аст. Дар ин калимахои кофия чузви «-ол» решай кофия буда, харфи «о» ридфи муфрад ва харфи «л» равист. Худи кофия кофияи мукайяд мебошад, зеро пас аз равй унсури дигар надорад.

Газал дар бахри Хазачи мусаддаси ахраби макбузи максур (ё махзуф) эчод шудааст, ки афоъили он чунин мебошад:

— v / v - v - / v - ~ яъне: мафъулу мафоъйлун, фаъулон ё ин ки фаъулун.

Вале аз нигохи истифодаи калимахо чанд феъли худсоз (их- тирои худи Савдо) дида мешавад. Он калимахо: охид-ба маъ- нии сабр кардан, меох-ох кашидан ё ох гуфтан мебошад. Ал­батта, чунин тарзи калимасозй хоси сабки Савдо буда, хилофи иштикок аст. Вале барои оханги шухиомез касб кардани газал хизмат мекунанд.

Бояд гуфт, ки дар лирикаи Савдо андешахои маорифпарварй ва чунбишхои мафкуравию бархурдхои сиёсй хануз мушохида- нашаванда аст, зеро чунин чунбишхо, бедоршавихо, растохе- зхои зехнй, бардоштхои аклонй, рахой аз тафаккури сирфан гуломона то андозае пас аз нашрхои «Наводир-ул-вакоеъ»-и Ахмад Махдуми Дониш, «Савонех-ул-масолик...»-и Кррй Рах- матуллохи Возех, «Тухафи ахли Бухоро»-и Мирзо Сироч ва гайра ба миён омад ва аз ин ру, яке аз хидматхои хеле шоистаи

261

Савдо дар инъикоси мафкураи аср дар лирика ва насри бадеист. Дар ашъори гиноии у мавзуъхои дигари ичтимой аз кабил и: шик- ва аз камбизоатй, аз тангии маишй, норизой аз бекадрии ахли илм, маориф, фархднг, санъат, бекадрии хунар, эчоди бадеъ, та- нкиди хислатхон разилаи инсонй аз кабили: кибру гурур, бузург- манишиву худхохй, хавобаландиву такаббур, пастфитратй, мар- думфиребй, гаммознву чоплусй, муфтхуриву ханнотй ва гайра хеле хуб ба тасвир омадааст. Аз тарафи дигар, дар ашъори Сав­до хислатхои хамидаи инсонй васф карда мешавад ва аз чумла, шоир чунин сифатхои инсонй, саховатмандй, олихимматй, хайр- хохД, некукорй, илмдустй, хирадмандй, раъиятнавозй, халкдустй, ватанпарварй, мехнати софдилона, фурутанй, шикастанафсй, хок- сорй, пуртокатй, сабурй ва гайраро чонибдорй менамояд. Ал­батта, Савдо дар огози эчодиёти хеш бештар ба шуарои номии таърихи адабиёти точик мисли Хоча Шамсиддин Мухаммад Хофизи Шерозй, Мирзо Абдулкодири Бедил барин шоирони со- хибмактаб пайравй намуда, ашъори ухдабароёна эчод кардааст. Вале мо хеч гох чунин даъво надорем, ки эчодиёти Савдо ба куллй таклидист. Аз тарафи дигар, агар мантикан андеша карда ша­вад, пас хар шоире наметавонад ба Хрфизу Бедил барин симохои чахонии адабиёти точик сару кор бигирад. Аз ин ру, худи далели ба ашъори Хофизу Бедил ру овардани Савдо башорати истеъдо- ду махорат ва донишу малакаи эчодии уст, ки тавассути осори махфузмондаи у казоват карда мешавад.

Дигар аз чанбаъхои фурузони ашъори Савдо ва осори ман- сури у тобиши хеле кавии хачвй доштани онхо мебошад. У хам дар назм ва хам дар наср аз хикоёту латифахо, аз таъбироту суханхои вирдизабонй хеле нозук кор мегирад ва дар натичаи он хачви малехе руи кор хувайдо мешавад. Инчунин, оханги тасвир тобиши хачвию танкидй касб мекунад. Адабиётшино- сон мероси Савдоро, ки чанбаи мутоибавй дорад, дорой се бахш донистаанд:

1. Ашъори мутоибавие, ки ба тарики зарофат-хазломезу шухиомез эчод шудааст;

2. Ашъоре, ки дар пайравии Абуисхоки Атъимаи Шерозй таъ­лиф гардидааст;

3. Ашъори мутоибавие, ки тавассути он иллатхои чомеъа тан- киду мазаммат шудаанд.

262

Чунин табакабандй, ки зикраш дар боло рафт, хдтто ашъори ошиконаи Савдоро низ фаро мегирад. Ч,анбаи ашъори мазкури Савдоро муосирони у-Шохину Хдйрат идома бахшидаанд ва гуфтан мумкин аст, ки хатто муваффакият хам пайдо карда- анд. Албатта, ин мавзуъ дар эчодиёти Савдо нав нест, зеро хачву мутоиба дар адабиёти точик яке аз мавзуъхои човидона мебо­шад ва голибан яке аз мавзуъхои марказии ашъори шоирони то устод Рудакй будааст. Танхо ба ёд овардани он кифоя аст, ки хатто дар адабиёти шифохй низ он мавкеи махсус дорад ва да- лели ин казоват як китъаи хачвии мардумони Балх дар хичои Асад ибни Абдуллох аст, ки тибки шаходати «Таърихи Табарй», ки соли 725 эчод шудааст ва хачви сиёсй аст:

Аз Хуталон ом ад а их,Ру ба табох омадаих.Хушку низор омадаих,Овора боз омадаих-

Албатта, дар ашъори шоирони асри X ин мавзуъ хеле устувор гардида, хатто ба хамосахои миллй ворид шудааст ва далели кавии он эпизодхои хачвй-танкидй ва мутоибавии «Шохнома»-и Фирдавсии Туей мебошад. Мо дар ин асар, яъне «Шохнома», хачви сиёсиро мебинем, ки голибан шохон, сиёсатмадорон тан- кид карда мешаванд, ба хусус Ковусшох, Афросиёб, Заххок, Ч,ам- шед, Салм, Тур ва дигарон. Инчунин рухониёни зардуштй, ки риё кардаанд, сарлашкарон, пахдавонон ва гайра. Дар асри XII Сузании Самаркандй хачвро аз хадди эътидол бароварда ба хачви кабех бадал сохт. Дар эчодиёти Убайди Зоконй оханги хеле чидцй касб намуд. Анъанаи уро то андозае Абдуррахмони Муш- фикй кабул карду таквият бахшид ва гайра.

Вале чанбаи малехи онро адабиёти тасаввуфй пазируфт, ки намунахои бехтарини он дар маснавихо ва ашъори лирикии Хаким Абулмачд Мачдуд ибни Одам Саноии Базнавй (махсу­сан, дар «Корномаи Балх») таквият бахшид. Дар осори Фари- дуддини Аттор ва махсусан, дар маснавии Чалолуддини Балхй чилои тозаву нодир гирифт ва писанди хамагон шуд. Аз ин нук- таи назар, Савдо анъанаи мазкурро дар давраи тамоман нав, бо тобиши дигар эхё кард. Муосирони у ба ин чанбаи умумиба- шарй бахшиданд ва манзури мо эчодиёти Ахмади Дониш, Ьуорй

263

Рахматуллохи Возех, ва Мирзо Сирочи Хаким мебошад. Тоза- корихои Савдо хам дар назм ва хам дар наср идома бахшидани мавзуи мазкур мебошад.

МАВЗУЪ ВА МУНДАРИЧАИ «МУЗХИКОТ»

Савдо на танхо шоири тавоно, балки дар насри адабй хам табъи баланд доштани худро нишон додааст. Аз у асари насрй низ бокй мондааст, ки намунаи хеле хуби насри мутоибавй мебо­шад. Ин асари мутоибавй тахти унвони «Музхикот» машхур аст. Асари мазкур аз панч кием иборат буда, муаллиф онхоро тахти унвони «Нагма» ёд кардааст. Жанри «Музхикот» анъа- навй нест. Масалан, ба асархои машхуртарин нависандаи хачв- нигори асри XIV-Убайди Зоконй («Ахлок-ул-ашроф», «Сад панд», «Дах фасл» ё «Таърифот» ва гайра) монанд нест. Яъне аз чихати хусусиятхои жанрй асари Савдо навоварй дар насри бадеист. Аз ин ру, дар лексикаи забони адабии точик низ таъси­ри фаровон гузоштааст.

Аз жанри дигар, дар насри хачвию мутоибавии Савдо ун- сурхои насри мусаччаъ ба назар мерасад, ки ин унсур яке аз хусусиятхои насри бадеии мутоибавии нависандаро фарохам овардааст: «Аммо миерае намехонд, ки калимоташ пула нашу- да бошад ва аркони авзонаш шула. То халворй гохе лундае халвое дар кори мулло кардй ва муллоро аз ин хавлои бедуд хушнуд сохтй. Мулло бо дахони ширин ба ширинмаколй ба мадхй зухурулгайбаш низ пардохтй» .

Баъзе аз бобхои «Музхикот»-и Савдо хеле хотирмону чоли- банд. Аз чумла, боби «Нагмаи чахорум: Достони Бибипанирии Кайвонй ва Она Мачони Ходим». Эпизоде дорад, чунончи:«Рузе дар мачлисе, ки чамъе аз занони акобиру аъён хозир буданд, ке- линбикаи баландхиккаро зиён гирифт (бемор шуд). Лаб мегази- ду дандон мехоид. Бибипанирии Кайвонй ба тарзи муомилаши- ноей ва коидадонй ба дастур дар кораш кард, муфид наяфтод. То Она Мачони Ходим пеш омада гуфт:

- Эй, дугона, корро бебаёна (номаълум) бояд кард ва тадбир- ро мавкеъ бояд шинохт, то ки чарх чун тир бар нишона ояд. Биби Махруй-модаршуи ман, дасте дорад эм ва тачрибае до­рад кадим, касе уро биёрад, то аласе фармояд.

Чун уро оварданд, чубе гирифту латтаву дастмони чарбй бар он печида, оташ дардода алиларо (беморро) чодире дар cap ан-

264

дохта, дар чое нишонда, оташро дар гирди сараш чарх гардон- да, хондан огоз кард, ки:

Алас, алас, алас,алас!Кулли балолардан халас,Чулларга бор, кулларга бор!

Чанд бор бар у дамиду кафи обе бар рухсорааш пошид. Фур- сате хануз нарафта, ки келинбикка чашм кушода ба хол омад ва мутаранними ин макол гардид:

Ай очачон, бар нафаси покат офарин,Бар хиштаки эзори дусад чокат офарин. Чугизанони шахру мазангони бодия Доранд бар фатонату идрокат офарин.Бо ин хама нахифию58 барчоймондагй Бар дасти чусту бозуи чолокат офарин...»

Хикояти мазкур ба нодонии хусусан занони он рузгор бахши- да шудааст, ки чунин рафтори онхо боварй ба дин нею балки бадномкунии дин аст. Инхо тоифаи занону бонувони оддй набу- да, ашрофзодагонанд. Онхо дар камакдию эътикод ба хурофот хачв карда мешаванд. Аз ин ру, шеъри хачвиро Савдо аз забо­ни хамон «келинчаки беморшуда» меорад, ки ба риёи зани алас- кунанда дахл дорад.

Як хусусияти нихоят чолиби дигари эчодиёти мутоибавии ман- зуму мансури Абдулкодирхочаи Савдо боз дар он аст, ки у тар­киби лугавии хеле ачоиб дорад. Истифодаи калимахову иборахои халкй-гуфтугуй, эзор, хиштак, даму нафас, алас, дугона, бебаё- на, дастмол ва гайра. Инчунин Савдо баъзе калимахоро худ ме- созад, кашф мекунад, ки онхо ба коидахои сарфу нахв чандон итоат намекунанд. Масалан: сихи хала (чубчае, ки маркабро бо он идора мекунанд), ишкидан (ошик шудан), меох (ох гуф- тан), палавидан (ош хурдан), чико (чи кор), тугрй (рост), фире- бидан (фиреб додан), чалидан (мутобик шудан) ва гайра. Яъне у исмхоро хамчун феъл ба кор бурдааст ва ин тарзи корбурд дар забони адабй нест.

Бояд гуфт, ки дар таърихи адабиёти точик, агар чукуртар андеша шавад, оддитарин адиб хам мавкеъ дорад, зеро анъана дар ин адабиёт, ки нихоят кавист, пас андак адиб хам, дар за- минаи он даъвии тозачуй мекунад.

58 Нах;ифи - сусти.

265

Аз ин нуктаи назар, Савдо низ дар таърихи адабиёт макоми худро дорад. У яке аз он шахсонест, ки сабки бедилиро кадре хам бошад, заминахои вокей бахшид. Дар рушди адабиёт, ис- тикболи суннат сахм гирифт. Ба адабиёти давр, муосирон ва адабиёти минбаъдаи точик андаке бошад хам таъсир г узошт ва мавкеи худро ёфт.

САВОЛ ВА СУПОРИЦДО

1. Овони чавони ва илмомузии Абдулкодирхочаи Савдо чй гуна гузаштааст?2. Аз муосирони Савдо дойр ба рузгору фаъолияти у кадом тазкиранигор бештар маълумот додааст?3. Савдо дар кадом мавридхр тахаллусх,ои «Савдо» ва «Бе- пул»-ро ба кор бурдааст?4. Савдо дар дарбори ких,о хидмат намудааст?5. Поёни умри Савдо чй гуна гузаштааст?6. Мероси адабии Савдо аз чих,о иборат аст?7. Ашъори гиноии Савдо кадом мавзуъхрро дарбар мегирад?8. Савдо аз шоирони газалсарой гузашта ба ких,о пайравй кар­дааст?9. Хусусиятхои фарк,кунандаи газалиёти Савдоро шарх, дих,ед.10. Хусусиятхои хачвии ашъори Савдоро баён кунед.11. Сахми Савдо дар ташаккулу тахаввули насри бадей аз чй иборат аст?12. Хусусиятхои насри бадеии адибро шарх дихед.13. Таъсири эчодиёти Савдо ба муосирон ва адабиёти мин- баъдаро наф кунед.

НАВЪХОИ КОФИЯ

Дар боло гуфтем, ки вобаста ба харфи равй ва иштироки харфхои дигар кофияро ба ду навъ чудо мекунанд: к о ф и я и м у к а й я д ва к о ф и я и м у т л а к .

Кофияи мукайяд ва кофияи мутлак ба харфи равй вобаста аст. Агар баъди харфи равй харфи дигаре наомада бошад, онро р а в и и м у к а й я д ё кофияи мукайяд меноманд. Агар баъди харфи равй боз харфи дигаре омада бошад, онро р а в и и м у т ­л а к ё кофияи мутлак мегуянд. Азбаски харфи равй харфи асо-

266

сии решагии кофия аст, кофияро низ ба кофияи мукайяд ва кофияи мутлак чудо кардаанд.

Донишмандони илми кофия вобаста ба истифодаи харфи равй ва харфхои дигари кофия (таъсис, дахил, ридф, кайд, васл, хуруч, мазид, нойира) дар шеъри форси - точикй 35 навъи кофи­яро муайян кардаанд.

Аз байни ин микдор 25 навъи он дар ашъори шоирони форс- точик бештар маъмуланд. Х,ар як калимаи решагии кофия во­баста ба он ки дар таркибаш кадом харф ё харакат иштирок дорад, бо номи хамон харфхою харакатхо ёд карда мешавад. Масалан, агар кофия аз калимахои «бурдемашон»-у «озурде- машон» таркиб ёфта бошад, онро кофияи мутлак бо кайд, васл, хуруч, мазид, нойира меноманд. Сабаби чунин ном гирифтани кофия он аст, ки дар таркиби харфхои решай кофия («-урдема- шон») садоноки кутохи «у» х а з в , хамсадои «р» к а й д , хамса­дои «д» р а в и и м у т л а к , харфи «е» в а с л , харфи «м» х у р у ч , садоноки кутохи «а» н а ф о з , харфи «ш» м а з и д , харфхои «о» ва «н» н о й и р а мебошанд.

Аз харфхое, ки дар сохтани кофия иштирок менамоянд, т а ъ ­сис, д а х и л , р и д ф , к а й д хамеша пеш аз равй, харфхои в а с л , х у р у ч , м а з и д , н о й и р а доимо баъди харфи равй меоянд. Тарзи чойгиршавии харакатхо низ мисли чойгиршавии харфхои кофияанд, яъне харакатхои ра с , и ш б о ъ , х а з в , т а в ч е х пеш аз харви р а в й , аммо харакатхои м а ч р о ва н а ф о з хамеша баъди р а в й меоянд. Илова бар ин, дар илми кофия бо номхои кофияи пурбахо ва кофияи камбахо ё нокис, инчунин, кофияи мучаррад дучор меоем. К о ф и я х о и п у р б а х о гуфта кофияхоеро меноманд, ки харфхои решай онхо дар хамаи мав- ридхо бе хеч гуна нукс омада бошанд. Ба гурухи к о ф и я и к а м - б а х о ё н о к и с кофияхое дохил мешаванд, ки аз конунхои маъмулии он сарфи назар шуда бошад. Масалан, агар харфи р а в й дар калимахои кофия тагйир ёфта бошад (мисли т у п бо х у б ва гайра) ё ин ки дар байни х а з в у т а в ч е х ихтилофе афтода бошад (мисли б у р д ва г и р д ) .

Х,амин тарик, дар шеъри шоирони гузашта ва имрузаи форс- точик бисту панч навъи кофияи пурбахо мавриди истифода карор гирифтааст, ки аз инхо иборатанд:

267

1. Кофияи мукайяди мучаррад, яъне кофияие, ки решай он фа- кат аз як харфи равй иборат мебошад (мисли «д и л» ва «г и л»),

Мисол:Дахани танги ту аз писта шакар мерезад,Лабат аз хуккаи ёкут гухар мерезад.

(Исмати Бухорой)Дар ин байт калимахои «шакар»-у «гухар» кофия, чузви

«-ар» решай кофия буда, харфи «р» р а в и и м у к а й я д в а садоноки кутохи «а» т а в ч е х аст.

2. Кофияи мукайяд бо харфи кайд, яъне кофияе, ки решай он аз харакати хазв, харфи кайд ва харфи равй иборат аст (мисли «ф а р к» ва «б а р к»).

Мисол:Мурд Муродй, на хамоно, ки мурд,Марги чунин хоча на корест хурд.

(Рудакй)Дар ин байт садоноки кутохи «у» хазв, харфи «р» кайд, харфи

«д» равии мукайяд мебошад.3. Кофияи мукайяд бо ридфи муфрад (аслй), яъне кофияе, ки

решай он аз ридфи муфрад ва равии мукайяд (мисли «х е з» ва «р е з» иборат аст.

Мисол:Дили зинда харгиз нагардад х;алок,Тани мурдадил гар бимирад, чй бок?

(Мавлавй)Дар ин байт калимахои «халок»-у «бок» кофия, чузви «-ок»

решай кофия буда, садоноки «о» ридфи муфрад, харфи «к» ра­вии мукайяд мебошад.

4. Кофияи мукайяд бо ридфи мураккаб (аслй ва зоид), яъне кофияе, ки дар решай он харфи ридфи муфрад (аслй) ва ридфи мураккаб (зоид) омадааст (мисли «г у з о ш т» ва «н а д о ш т»),

Мисол:Мачнун чу кушод номаи дуст,Афтод бурун чу писта аз пуст.

(Мактабии Шерозй)Дар ин байт садоноки дарози «у» ридфи муфрад (аслй), харфи

«с» ридфи мураккаб (зоид), харфи «т» равии мукайяд мебошад.5. Кофия мукайяд бо таъсис ва дахил, яъне кофияе, ки решай

он аз равии мукайяд иборат аст ( мисли « с о х и л» ва «ш о г и л»).

268

6. Кофияи мутлаки мучаррад, яъне кофияе, ки решай он аз хдракати т а в ч е х , , харфхои равии м у т л а к у в а с л ва харакати мачро иборат аст (мисли «модараш» ва «додараш»).

Мисол:Тиру тег аст бар дилу цигарам,FaMy тимори духтару писарам.

(Масъуди Саъд)Дар ин байт калимахои «чигарам»-у «писарам» кофия,

чузви «-арам» решай кофия буда, садоноки кутохи «а» тав­чех, харфи «р» равии мутлак, садоноки кутохи «а» мачро ва харфи «м» васл аст.

7. Кофияи мутлак бо кайд, яъне кофияе, ки дар решай он хара- кати х, а з в, харфхои к а й д , р а в и и м у т л а к ва в а с л омадааст (мисли: « р а н г а ш» ва «н а н г а ш»).

Мисол:Аз сад хати у яке нагуфта,Аз сад гухараш яке насуфта.

(Туграл)Дар ин байт калимахои «нагуфта» ва «насуфта» кофия шу­

даанд, ки садоноки «у» х а з в , хдрфи «ф» к а й д , харфи «т» р а в и и м у т л а к ва харфи «а» васл мебошад.

8. Кофияи мутлак бо ридфи муфрад ё аслй, яъне кофияе, ки дар решай он ридфи муфрад, равии мутлак, мачро ва васл ома­дааст (мисли: «ч о м а ш», « н о м а ш»).

Мисол:Хар он шамъе, ки Эзид барфурузад,Хар он кас нуф кунад, сиблат59 бисузад.

(А буша кури Балхй )Мисоли дигар:

Ч,ахоно, хамоно фусуниву бозй,На бар кас камоиву бо кас насозй.

( Мусъабй )Дар ин байт калимахои «барафрузад» бо «бисузад» кофия

шудаанд, ки чузви «-узад» решай кофия буда, садоноки дарози «у» ридфи муфрад ё аслй, харфи «з» равии мутлак, садоноки кутохи «а» мачро, харфи «д» васл аст.

9. Кофияи мутлак бо ридфи муфрад (аслй) ва ридфи мурак­каб ё зоид, яъне кофияе, ки дар решай он харфхои ридфи мурак-

59 Сиблат, саблат - муйлаб, бурут, риш.

269

каб (зоид), равии мутлак, харакати мачро ва харфи васл меояд (мисли: «и и и д о ш т а ш» ва « д о ш т а ш»),

Мисол:Агар бо чафопеша биштофтй,Ки аз дасти кахраш амон ёфтй.

( Саъдй)Дар ин байт калимахои охири онхо бо хам кофия шудаанд,

ки чузви «-офтй» («-ёфтй»), решай кофия мебошанд. Дар ин ре­шай кофия садоноки дарози «о» (дар кофияи ёфтй «ё») ридфи муфрад ё аслй, харфи «ф» ридфи мураккаб ё зоид, харфи «т» равии мутлак, харфи «й» васл аст.

10. Кофияи мутлак бо таъсис ва дахил, яъне кофияе, ки дар ре­шай он харфхои таъсис, дахил, равии мутлак, васл ва харакатхои ишбоъю мачро омадааст (мисли: «к о с и р а м» ва «м о х и р а м»),

Мисол:В-ар у низ дарсохт бо хотираш,Зи Машрик амал баркану нозираш.

( Саъдй)Дар ин байт дар калимахои «хотираш» ва «нозираш» чузви

«-отираш» (дар кофияи дуюм-«озираш» решай кофия буда, харфи «о» таъсис, харфи «т» («з») дахил, садоноки кутохн «и» ишбоъ, харфи «р» равии мутлак, садоноки «а» мачро, харфи «ш» васл аст.

САВОЛ ВА СУПОРИШХО

1. Кофия ба чанд навъ ЧУДО мешавад?2. Кадом навъи крфияро крфияи мук,айяд мегуянд?3. Кофияи мутлак, чист?4. Байте бигуед, ки дар решай крфияаш равии мукрйяд ё аслй омада бошад.5. Тафовути крфияи мук,айяду мутлак; дар чист?6. Кадом навъи крфияро крфияи мук,айяди мучаррад меноманд?7. Кофияе, ки дар решай он харфи к,айд ва равй омада бошад, чй меноманд?8. Дар байти Чомй кадом навъи крфия омадааст?

Аз ша^и Юнон какими тезх,уш Кард чун аф сонаи ф ар зан д гуш.

9. Дар крфияи мук,айяде, ки ридфи мураккаб дорад, боз кадом харфхои крфия омада метавонанд?

270

10. Дар крфияи мук,айяд бо таъсису дахил кадом х,аракати крфия х,атман бояд биояд?11. Цофияи мук,айяди мучаррад аз крфияи мутлаци мучаррад чй фарк, дорад?12. Номи х,аракатхреро гуед, ки дар крфияи мутлак, бо таъсис ва дахил омадаанд.13. Х,аракатхре, ки пеш аз х,арфи равй меоянд, кадомхрянд?14. Дар байти:

Хатти такдир аст холй аз галат,Аз хато холй набошад хеч хат.

кадом навъи крфия омадааст?15. Х,арф ва х,аракатхри ффияро азёд гуед.

АНВОЪИ КОФИЯ БО ХУРУФИ ХУРУН, МАЗИД ВА НОЙИРА

Донишмандони илми кофия вобаста ба иштироки харфхо, хара- катхои кофия ва мавкеъи харфи равй 25 навъи кофияи пурбахоро чудо кардаанд, ки дар шеъри шоирони гузашта ва имрузаи форс - точик мавриди истифода карор гирифтаанд. Мо дар дарси гузаш­та дах навъи кофияи пурбахоро бо мисолхои шеърй шарх додем. Хол о понздах навъи онро пешкаши шумо менамоем:

11. Кофияи мутлак бо хуруч, яъне кофияе, ки дар решай он равии мутлак, васл, хуруч ва боз харакате аз кабили тавчех ва мачро омадааст (мисли: «б а р в а р е м» ва «а р ъ а р е м»),

Мисол:Мазан бо сипохе зи худ бештар,Ки натвон зад ангушт бар нештар.

( Саъдй)Дар калимахои кофия чузви «-ештар» решай кофия буда,

харфи «е» ридфи муфрад ё аслй, харфи «ш» равии мутлак, харфи «т» васл, садоноки кутохи «а» нафоз, харфи «р» хуруч аст.

12. Кофияи мутлак бо кайд ва хуруч, яъне кофияе, ки дар решааш харакати хазв, харфи кайд, равии мутлак, васл ва хуруч мавчуд аст (мисли: «пайвастанд»-у «бастанд»),

Мисол:Чу хастандат хама поинпарастон,Забардастй макун бар зердастон.

(Амир Хусрав)

271

Дар ин байт чузви «-астон» решай кофия буда, садоноки «а» хазв, хдрфи «с» кайд, харфи «т» равии мутлак, харфи «о» васл, харфи «н» хуруч мебошад.

13. Кофияи мутлак бо ридфи муфрад ё аслй ва хуруч, яъне кофияе, ки дар решай он ридфи муфрад, равии мутлак, тавчех, васл, хуруч бошад (мисли: «н и х о д а н д» ва «к у ш о д а н д»),

Мисол:Аз гамаш то чанд ояд бар дилам бедодх;о В-аз лабам фаввора хезад шуълаи фарёдх;о.

(Шухии Хуцандй)Калимахои «бедодхо»-ю «фарёдхо»-и байти Шухии Хучандй

бо хам кофия шудаанд. Дар решай кофия харфи «о» ридфи муф­рад, харфи «д» равии мутлак, харфи «х» васл, харфи «о» хуруч аст.

14. Кофияи мутлак бо ридфи мураккаб ва хуруч, яъне кофияе, ки дар решай он р и д ф и м у ф р а д ё а с л й , р и д ф и м у р а к ­к а б ё з о и д , р а в и и м у т л а к , м а ч р о , в а с л в а х у р у ч омада бошад (мисли: «б и н в о х т а н д» ва «м е б о х т а н д).

Мисол:Бузургон нишастанд, хон хостанд,Бихурданду мачлис биоростанд.

( Саъдй)Дар ин байт чузви «-останд» решай кофия буда, харфи «о»

ридфи муфрад ё аслй, харфи «с» ридфи мураккаб ё зоид, харфи «т» равии мутлак, садоноки кутохи «а» тавчех, харфи «н» васл, харфи «д» хуруч аст.

15. Кофияи мутлак бо таъсис, дахил ва хуруч. яъне кофияе,ки дар решай кофияи он харфи таъсис, харфи дахил, харакати иш­боъ, харфи равии мутлак, харакати тавчех, харфи васл, харфи хуруч омада бошад (мисли: « з о л и м а с т» ва «о л и м а с т » ).

Мисол:Ай ки атфол ба гахвора дарун аз ситамат,Сур нодида бичуянд хаме мотамро.Кафасе шуд зи ту олам ба хама оламиён,Ин-т захмат зи вучуди ту бани Одамро.Вах,ки то рузи киёмат пайи олоиши мулк Тохире аз ту начистар набувад оламро.

( Саной)

272

Дар ин байтхо чузви «-отамро» («одамро» ва «оламро») ре­шай кофия буда, харфи «о» таъсис, харфхои «т», «д» ва «л» дахил, садоноки «а» ишбоъ, харфи «м» равии мутлак, харфи «р» васл, харфи «о» хуруч аст.

16. Кофияи мутлак бо кайд, хуруч ва мазид, яъне кофияе, ки аз харакати хазв, харфи кайд, харфи равии мутлак, харфи васл, харфи хуруч, харакати нафоз ва харфи мазид сохта шудааст (мисли: «ч а с т е м а ш» ва «б а с т е м а ш»), Мисол:

Хорхо буд дар рахат, кандемаш,Лолахои чида ор, бандемаш.

(М. Солем;)Дар ин байт чузви «-андемаш» решай кофия буда, садоноки

кутохи «а» хазв, харфи «н» кайд, харфи «д» равии мутлак, харфи «е» васл, харфи «м» хуруч, садоноки кутохи «а» нафоз ва харфи «ш» «мазид» мебошад.

17- Кофияи мутлак бо хуруч ва мазид. яъне кофияе,ки дар решай он тавчех, равии мутлак, мачро,васл, хуруч, нафоз, ма­зид омада бошад (мисли: «д и л а с т а ш» ва «г у л а с т а ш»),

Мисол:Дар гулистони висолат чун гуластам,Дар рахи васли ту, чоно, булбуластам.

(М.Солех,)Дар ин байт чузви «-уластам» решай кофия буда, дар решай

кофия садоноки кутохи «у» тавчех, харфи «л» равии мутлак, садсноки кутохи «а» мачро, харфи «с» васл, харфи «т» хуруч, са­доноки кутохи «а» нафоз, харфи «м» мазид аст.

18. Кофияи мутлак бо ридфи муфрад, хуруч ва мазид, яъне кофияе,ки дар решай он ридфи муфрад, равии мутлак, мачро, васл, хуруч, нафоз ва мазид омада бошад (мисли: «р у х о н а с- т а ш» ва «н и ш о н а с т а ш»), Мисол:

Аз харобот чун бихонандаш,Руй ношуста медавонандаш.

(Масъуди Саъд)Дар ин байт чузви «-онандаш» решай кофия буда, харфи «о»

ридфи муфрад, харфи «н» равии мутлак, садоноки кутохи «а» мачро, харфи «н»-и дуюм васл,харфи «д» хуруч, садоноки кутохи «а» нафоз ва харфи «ш» мазид аст.

19. Кофияи мутлак бо ридфи мураккаб, хуруч ва мазид. яъне кофияе,ки дар решай он ридфи муфрад ё аслй, ридфи мураккаб

273

ё зоид, равии мутлак, васл, хуруч, нафоз ва мазид омада бошад (мисли: « ш и т о ф т е м а ш» ва «н а ё ф т е м а ш»),

Хар чанд зи пай шитофтемат,Ай гумшудадил, наёфтемат.

Дар ин байт чузви «-офтемат» решай кофия буда, хдрфи «о» ридфи муфрад, харфи «ф» ридфи мураккаб, харфи «т» равии мутлак, харфи «е» васл, харфи «м» хуруч, садоноки кутохи «а» нафоз ва харфи «т»-и охир мазид мебошад.

20. Кофияи мутлак бо таъсис, дахил, хуруч ва мазид, яъне кофияе, ки дар решай он харфи таъсис, харфи дахил, харакати ишбоъ, харфи равии мутлак, харакати мачро, харфи васл, харфи хуруч, харакати нафоз ва харфи мазид омада бошад (мисли: « м о й и л а с т а ш » в а « х о с и л а с т а ш»). Мисол:

Гарчи шохи хафт мулкам, одиластам,Чун гадоён бахри васлат мойиластам.

( М. Соле?;)Дар кофияхои «одиластам» ва «мойиластам» чузвхои «-одил-

астам» ва «-ойиластам» решай кофия буда, харфи «о» таъсис, харфхои «д» ва «й» дахил, садоноки кутохи «и» ишбоъ, харфи «л» равии мутлак, садоноки кутохи «а» мачро, харфи «с» васл, харфи «т» хуруч, садоноки «а» нафоз, харфи «м» мазид аст.

21. Кофияи мутлак бо хуруч, мазид ва нойира, яъне кофияе, ки дар решай он харакати тавчех, равии мутлак, васл, хуруч, нафоз, мазид ва нойира омада бошад (мисли: « п а р в а р е м а - ш о н» ва «о в а р е м а ш о н»). Мисол:

То кай ба хуни дидаву дил парваремашон,То кай зи рах раванд, ба рах оваремашон.

(аз «Арузи точикй» )Дар ин байт чузвхои «-аремашон» решай кофия буда, садо­

ноки кутохи «а» тавчех, харфи «р» равии мутлак, харфи «е» васл, харфи «м» хуруч, садоноки кутохи «а» нафоз, харфи «ш» мазид, харфхои «о» ва «н» нойира мебошад.

22. Кофияи мутлак бо кайд, хуруч, мазид ва нойира, яъне кофияе, ки дар решай он харакати хазв, харфхои кайд, равии мутлак, васл, хуруч, харакати нафоз ва харфи нойира омада бошад (мисли: « б у р д е м а ш о н » в а « о з у р д е м а ш о н»),

Мисол:Дустонро рахт аз куи вафо бурдемашон,Худ биозурдем, аз худ низ озурдемашон.

(аз «Арузи точикй»)

274

Решай кофияи ин байт «-урдемашон» мебошад.Дар ин реша садоноки «у» хдзв, хдрфи «р» кайд, харфи «д» равии мутлак, харфи «е» васл, харфи «м» хуруч, садоноки кутохи «а» нафоз, харфи «ш» мазид ва харфхои «о»-ву «н» нойира аст.

23. Кофияи мутлак бо ридфи муфрад, хуруч, мазид ва нойира, яъне кофияе, ки дар решай он ридфи муфрад, равии мутлак, хара­кати мачро, харфи васл, харфи хуруч, харакати нафоз, харф­хои мазид ва нойира омада бошад (мисли: «й о р а с т а м е» ва «к о р а с т а м е»),

Мисол:Бншнав, ки ман насихати пирон шунидаам,Пеш аз ту халк будаву баъд аз ту будаанд.

( Саъдй)Дар ин байт факат як калима («будаанд») ба вазифаи кофия

омадааст, зеро байти мусарраъ нест, яъне ин байти аввали газал набуда, яке аз байтхои газал аст. Дар ин кофия чузви «-удаанд» решай кофия мебошад ва харфи «у» ридфи муфрад, харфи «д» равии мутлак, харфи «а» (дар алифбои арабй «хо»-и хавваз аст) васл, харфи «а»-и дуюм (дар алифбои арабй харфи «алиф» аст) хуруч, харфи «н» мазид ва харфи «д» нойира аст.

24. Кофияи мутлак бо ридфи мураккаб, хуруч, мазид ва нойира, яъне кофияе,ки дар решай он ридфи муфрад, ридфи мураккаб, ра­вии мутлак, харакати мачро,васл, хуруч, мазид ва нойира (мисли « н а п а р д о х т а н и с т а ш» в а « д а р е о х т а н и с т а ш»).

Мисол:Гар дил зи гами ёр напардохтанисташ,Бо у ба хама вучуд дарсохтанисташ.

(аз «Арузи точикй»)Дар ин байт чузви «-охтанисташ» решай кофия буда, харфи

«о» ридфи муфрад ё аслй, харфи «х» ридфи мураккаб ё зоид, харфи «т» равии мутлак, садоноки кутохи «а» мачро, харфи «н» васл, садоноки «и» нафоз, харфи «с» хуруч, харфи «т» ма­зид, садоноки кутохи «а» нафоз ва харфи «ш» нойира мебошад.

25. Кофияи мутлак бо таъсис, дахил, хуруч, мазил ва нойира, яъне кофияе, ки дар решай он харфхои таъсис, дахил, харакати ишбоъ, равии мутлак, васл, хуруч, харакати нафоз, мазид ва нойира (мисли: «й о в а р е м а ш о н» ва «о в а р е м а ш о н»).

275

Мисол:Тимори хачри ёрон оварандашон,Висол аз чо\и гам бароварандашон.

(М. Солех,)Дар ин байт чузви «-оварандашон» решай кофия буда, хдрфи

«о» таъсис, хдрфи «в» дахил, садоноки кутохи «и» ишбоъ, харфи «р» равии мутлак, садоноки кутохи «а» мачро, харфи «н» васл, харфи «д» хуруч, садоноки кутохи «а» нафоз, харфи «ш» мазид ва харфхои «о»-ю «н» нойира мебошад.

Аз чумлаи ин 25 навъи кофия, ки дар боло овардем, як кис- машон хеле камистеъмоланд ва аксари муаллифони китобхои кофия худашон барои онхо байтхои алохида сохтаанд. Ба ин гурухи кофияхо навъхои 16-25 дохил мешаванд.

Илова бар ин, дар ашъори баъзе шоирони адабиёти класси- кии форс-точик ба шеърхое дучор меоем, ки нисфи калимаи кофияшавандаро аз аруз (рукни охири мисраъи аввал) ба ибти- до (рукни аввали мисраъи дуюм) ва нисфи калимаи кофияи мис­раъи сеюмро ба аввали мисраъи чахорум ва нисфи калимаи охири мисраъи чахорумро ба аввали мисраъи панчум ва нисфи калимаи охири мисраъи панчумро ба аввали мисраъи шашум ва хамин тарз то охири шеър мегузаронанд. Дар чунин холат харфи равй аз харфи охирини решагй иборат нашуда, аз харф­хои мукаррарии калима таркиб меёбад, ки ба сари худ хеч гуна маънй надорад.

Сузании Самаркандй касидае дорад, ки абёти он ба хамин тар­зи кофиябандй иншо шудааст. Барои мисол ду байти онро меорем:

Саъдй дин мадхй хочаи мустав- Фй шунидаву дар дил омад сав- Дои он навтарику кардй max,- Син бар он вазни шеъру кофия мае...

Дар байни анвоъи кофия кофияхои мукайяд бо ридф, бо хар­фхои кайд, таъсису дахил, кофияхои мукайяди мучаррад ва мут- лаки мучаррад хеле серистеъмоланд.Ин навъи кофияхо якчоя бо радиф дар шеър оханги хушу гуворо ба вучуд меоранд.Дар ин газали Камоли Хучандй кофияи мукайяд бо ридфи муфрад ё аслй ва радифи «т у х у ш м е о я д » хеле хушоханг омадааст:

Навбахорон зи дилам буйи т у х у ш м е о я д ,Хдмаро богу маро руйи т у х у ш м е о я д .Хамчу наргис нанихам чашм ба сарви лаби чуй,Ки маро комати дилцуйи т у х у ш м е о я д .3-он хама халка , ки шамшод запад бар сари гул,

276

Бандаро халкаи гесуйи т у х у ш м е о я д .Буйи гулзор хуш ояд хама касрову маро Накхати хоки сари куйи т у х у ш м е о я д .Печи суибул ба чамаи хеч иамеояд хуш,Пеши руйи ту хами муйи т у х у ш м е о я д .Шеваи чашм чу наргис чи кунад ишваву ноз?!Шева аз наргиси цодуйи т у х у ш м е о я д .Чашм накшуда ба руйи гул аз он руй, Камол,Ки назар бар гули худруйи т у х у ш м е о я д .

Дар боло мо садоноки кутохи баъди дахилро (харакати дахил­ро) ишбоъ гуфтем, зеро ин барои донистани таълимоти гузашта- гон ёрй мерасонад. Баъзе донишмандон, аз чумла устод Бахром Сирус таъкид мекунанд, ки садоноки кутохи пеш аз равй омадаро тавчех, гуем. Ин тарзи таълим хонандаро ба иштибох меорад, зеро дар китобхои кофияи классикй байни ишбоъву тав-чех фарк гу- зоштаанд. Барои хамин, хуб мешавад,ки садоноки кутохн баъди дахилро, харакати дахилро и ш б о ъ , садоноки кутохи пеш аз кайдро х а з в , садоноки кутохи пеш аз равиро (агар харфи дахил набошад) тавчех, садоноки кутохи баъди равиро мачро ва садо­ноки кутохи баъди васлу хуручу мазидро нафоз гуем.

САВОЛ ВА СУПОРИШЦО

1. Микдори анвоъи крфияи пурбахр чандтоянд?2. Аз байни 25 навъи крфия кадомхряшон серистеъмоланд?3. Кадом навъи крфияхр камистеъмоланд?4. Дар крфияи мутлак, кадом харфхои крфия иштирок мекунанд?5. Агар баъди харфи равй харфи васл наомада бошад, онро ба кадом навъи крфия дохил мекунанд?6. Охирин харфи крфияи мутлак, чй ном дорад?7. Мисоле биоред,ки дар он харфи к^йд, хуруч омада бошад.8. Дар крфияи мутлак, бо ридфи мураккаб ва хуруч боз кадом навъи ридф омада метавонад?9. Дар крфияи мутлак, бо таъсис, дахил ва хуруч кадом хара­катхои крфия омада метавонанд?10. Барои чй навъхои крфияхои 16-25 камистеъмоланд?11. Х,аракате, ки баъди харфи дахил меояд, чй ном дорад?12. Кадом харакатхо баъди равй меоянд?13. Харакати пеш аз харфи равй чй ном дорад?14. Крфия ва радиф дар шеър чй ахамият доранд?

277

Ш А М С У Д Д И НШОХИН

Сухан у;ар он чи ки хуштарбувад, манаш гуфтам,

Гууар у;ар он чи ки бештарбувад, манаш суфтам.

Ш амсуддин Мухаммад махдуми Ш охин соли 1859 дар Бу­хоро, дар оилаи мулло Амони Хатлонй таввалуд шудааст. Мул­ло Амоии Хатлонй дар овони чавонй барои илмомузй ба Сама­рканд омада, баъди ду соли тахеил азми Бухоро намуда, дар ин маркази илмию адабии М овароуннахр мадрасаро хатм меку­над. Пас аз хатми Мадраса Мулло Амон чанд муддат дар яке аз мадрасахои Бухоро мударрисй хам кардааст. Ш охин баъдхо дар маснавии «Тухфаи дустон» гамхории волидайнаш ро дар бораи худ аз забони падараш чунин ёдоварй мекунад:

Агарчанд умрам ба хафтод рафт,Кунунам гами пирй аз ёд рафт.Падар чун ба модар суруд ин калом,Ба тахсили илмам намуд эхтимом.

Шохин хангоми мактабхонй тахминан дар хашт ё нухсолагй ба шеър гуфтан шуруъ кардааст. Инчунин, у дар хушнависй махорати том дошта, баъди хатми мактаб падараш ин хунари Шохинро дида, вайро пешаи мирзой меомузонад. Хаттотон но- зукихои ин пешаро ба Шохин ёд медиханд. У тули ду-се соли шогирдй тарзи хатнависй ва иншоро хуб ёд мегирад. Баъдтар дар синни 15-16- солагй Шохин барои тахсили илм ба Мадраса дохил мешавад.

Падару бобоёни Шохин аз тоифаи ахли фазлу адабй Хатлон будаанд. Баъдтар падари Шохин ба Самарканд ва аз он чо ба Бухоро меояд, ки максадаш танхо тахсили илм будааст. Аз руи

278

ишораи сарчашмахои ин аср, Шохин фарзанди хурдтарини хо- надон мебошад ва аз баъзе ишорахои шоир маълум мешавад, ки дар хонадони онхо духтаре хам ба дунё омада будааст. Зеро Шохин вафоти хохарзодахои худро дар як китъаи таърих ишо­ра мекунад:

Таърихи фавти хар ду зи Шохин бихостанд, Маъсумаву Муаззама гуфту кашид ох.

Ин чо моддаи таърих 1300 мешавад, ки ба соли 1883 мелодй баробар аст.

Баъд аз хатми Мадраса Шамсуддин Шохин чанд гохе имоматй низ мекунад. Ш оир дар «Тухфаи дустон» 87сол умр дидани пада- рашро таъкид кардааст. Таъмини рузгор пас аз вафоти падараш бар ухдаи у меафтад. Дар ин айём яке аз шайхони Бухоро - Абу- тохир Зарири Ч,уйборй ба шоир хаматарафа ёрй мерасонад. Ба ин маънй Шохин мегуяд:

Шукри Худо, ки чун падар аз ман канора чует,Шуд илтифоти хочаи офок ёварам.

Вале баъд аз чанде Зарири Ч,уйборй низ вафот мекунад ва Шохин дар ин бора низ дар як тарчеъбандаш, ки ба номи козика- лони Бухоро - Бадруддин навиштааст, мегуяд:

Он ки буди маро ба чои падар,Рахт барбаст аз ин сароча бадар.Ман дар ин кунчи узлат аз гами у Чун сипанде, ки сухт дар мичмар.Ман ятиму туй карим, зи лутф Бармадор аз ятими хеш назар.

Дар хар сурат козикалон низ ба шоир то ба хадде ёрии моддии хешро дарег надоштааст, зеро баъзе ишорахои Шохин ба он гу- вохднд. Аммо касби имоматй Шохинро конеъ кунонида намета- вонад ва у дар баъзе шеърхои худ ин холро шарх додааст:

Сохибо, гар накунад арзи ман эчоби малол,Аз имомат кадаре шарх дихам сурати хол.Хафтае нест, ки андар паи наъше наравам,То сари пушта зи масчид ману кавм аз дунбол.Аз сари куча гар овози муаззин ояд,Ба умеди хабари мурда кунам истикбол.Гах занад ханда ба ман ходиму гах кадбону,Гах нихад таъна ба ман суфию гах оксакол.

279

Хукми хар масъала гуфтам чи савобу чи хато,Нони хар моида хурдам чи харому чи халол!Нест суре, ки дар у ман наравам чун лулй,Нест суге, ки дар у ман наравам чун гассол.Хар чи хосил шавад аз мурдаву аз зинда маро,Бе таваккуф равад аз даст чу об аз гирбол.3-ин хама бори гаму гусса, ки дар дил дорам,Синаи ман шуда чун мухраи нушби хаммол.

Аз ин шеър маълум мегардад, ки рузгори Шохин аз нигохи моддй чандон мувофики максуд набудааст. Аз ин ру, дар ин касб чандон зиёд машгул нашудааст. Баъдтар аз соли 1885 cap карда чанд гохе яке аз мукаррабони дарбори амир мешавад.

Абдулахад ба хизмати мирзой Шохинро пазируфта, у дар дар­бор хамчун хушнависи машхур ва хаттоти номй маълум мегар­дад. Парвоначии дарбор - Абдулкодир шоири чавонро хамачони- ба месанчад. Яъне на танхо касби уро, балки илму дониш ва фази- лату истеъдоди Шохинро пай бурда, вайро хамчун фарзанди худ эхтиром менамудааст. Хатто бо дахолати парвоначй Шохин дар ситоиши Абдулахад касидахо низ менависад. Ин холат хасудони Шох,инро бедортар менамояд ва онхо ба шоир фишор меоваранд. Аз тарафи дигар, бо фармони амир Абдулкодири парвоначй хоки- ми Шеробод таъин карда мешавад ва у аз Бухоро меравад. Дарбо- риён аз фурсат истифода намуда ба Шох,ин сахттар хучум меку­нанд. Ин аст, ки парвоначй Абдулкодир бо бахонаи химояи Ш о­хин ба у духтарашро хонадор менамояд. Домод шудан ба хокими Шеробод Шохинро аз хамлаи хасудон то андозае эмин мегардо- над. Аз тарафи дигар, амир Абдулахад низ ба Шохин аз наздик шинос гардида, донишу махорати шоирро хис намуда, мехохад уро хамсухбати бевоситаи худ намояд. Амир чунин хам кард ва хатто дар сафархояш Шохинро бо худ гирифта мебурд.

Дар ин миён завчаи шоир вафот мекунад ва ин мусибат ба Шохин таъсири сахт менамояд. Аз тарафи дигар, Шохин баъзе нуксонхои мушохидакардаи худро мехохад, ки таввасути пан­ду андарз бевосита ба худи амир расонад. Бинобар ин у асари «Тухфаи дустон»-ро менависад ва мехохад ба ин восита баъзе нуксонхои чиддиро нишон бидихад. Аммо ин ба амир Абдула­хад писанд намеояд.

Каме пештар аз ин Шохин достони «Лайлй ва Мачнун»-ро таълиф намуда буд. Мувофики ахбори сарчашмахо, шоир ин дос-

280

тонашро дар вафоти зав чаи худ-духтари Абдулкодири парвоначй эчод кардааст. Санаи таълифи достони «Лайлй ва Мачнун» соли 1305 (1887-1888) буда, асар зохиран ба амир Абдулахад эхдо шудааст. Аз баъзе фахрияхои Шамсиддин Шохин бармеояд, ки у басо окилу фарзона, донишманду закй, фозилу доно будааст:

Ман аз ин вокеа бишкуфтаму гуфтам, ки манам Истикоматчии дарбори шаханшохи чахон.Чун шуниданд хадиси ман аз чумла касе Натавонист намудан ба камолам китмон.Алхак, аз халкй чахон гуи фатонат бурда,Хар ки шуд ходими ин боргахи файзрасон.

Албатта, Шохин дарборро аз руи зарурат «боргахи файзра­сон» мегуяд.

Агар эчодиёти Шамсуддин Шохин нозуку дакик омухта шавад, пай бурдан душвор нест, ки аз огози солхои 90-уми асри XIX дар лирикаи у охангхои шикоятй, майлхои хеле кавии танкидй кувват гирифтаанд. Намунаи чунин охангхову майлхо, ки боз тобиши фахриявй низ гирифтаанд, газали зерини Шохин шуда метавонад:

Сухан хар он чи ки хуштар бувад, манаш гуфтам,Гухар хар он чи ки бехтар бувад, манаш суфтам.Вале чй суд, ки умрам ба гунчагй бигзашт,Ба бод рафтаму чун гул ба бог нашкуфтам.Надидам ин хама хосил зи рузгори вучуд,Чуз ин кадар, ки ба шоми адам фуру хуфтам.Набаста сурати чамъияте ба худ Шохин,Зи тундбоди ачал чун Fy6op ошуфтам.

Албатта, ин бесабаб набуд. Шоир дар ин давра ба асари оламшу- мули Ахмади Дониш «Наводир- ул-вакоеъ» ошной пайдо намуда буд. Мутолиаи асар тафаккури сиёсии адибро кавитару гиротар намуд.Ч,уръати Шохин аз таълифи «Тухфаи дустон» таквият пайдо мена­мояд. У хатто бевосита ба худи амир мурочиат намуда мегуяд:

Ту бишнав манорам сухан дар суруш,Ки аз ахди пешин барояд хуруш.Гахе мадх, гах панд гуям туро,Рахи расми некй бичуям туро.Ва гар харфи талхе ба маъчуни панд,Сириштам чу Сабри Сакутар ба канд.Ба нафъаш нигар, не ба талхии он,Ки талх оварад суду ширин зиён.

281

Гар аз панд холй бувад мадхй шох,Масал осмонест холй зи мох.

Чунин тарзи тахдввули фикрй амирро водор намуд, ки дар хусуси ин шоири чавон андешаи дигар дошта бошад. Ин тарзи баёни андеша миёни шоиру шох, мухолифати фикрро тезонд. Шояд яке аз сабабхои нотамом мондани маснавй низ хамин ни- зоъи шоир бо шох бошад.

Бо вучуди ин хама Шохин аз эчоди адабй даст накашид. Тан- ^о инро хам хис кард, ки тавассути хикмату панд, мавъизоту андарз акидаи ин амирони чахилро тагийр дода намешавад. Би- нобар админ адм Шохин асари дигари худ - «Бадоеъ-ус-саноеъ»- ро таълиф намуд.

Мо ошноии комил пайдо намудани Ахмади Донишро аз як мас­навии хурди у, ки дар охирхои умраш навишта буд, пай бурда метавонем. Зеро Шохин аз мадху санои салотин ва амирон сахт мутаассир гардида, пушаймонии худро чунин изхор кардааст:

Ду-се руз чуёи эхсон шудам,Сарояндаи мадхй дунон63 шудам.Бибурдам ба ороиши назм ранч В-аз он кардам офокро пур зи ганч.Хареро Масехо насаб рондаме,Суро64 Сурайё65 лакаб хондаме.Сагеро, ки чома даридй ба дев,Фаришта аз у даргирифтй гирев.Чунон барзадам сирати мардумй,Ки гуй назода чуз у одами.Камоле, ки аз хар фан омухтам,Ба тавсифи бедонишон сухтам.Ба подоши он нуктахои баланд,Ба по кайдам уфтод, дар халк банд. Турушчабхагон сирка ангехтанд,Сириштанду дар коми ман рехтанд.Нагуфтанд, к-ин ринди ширинзабон,Табарзад66 ба мо карда буд армугон.Ба лавзинааш67 сир чун афканем.Чаро шири софй ба хун афканем?

“ Дунон - нокасон,64Суро - к^бати пасти замин,65Сурайё - ситораи Парвин, 66Табарзад - набот, б7Лавзина -х,алво.

282

Шох,ин нимахои аввали солхои навадум ба дарбор сахттар чал б карда шуда буд. Уро дар хдр як сафари дуру наздики хеш амир хамрох мебурд. Бар болои ин шоир ба бемории сил мубта- ло гардида буд. Боре дар яке аз сафархои амир, ки Шохин бо шох хамрох буд, холаш хеле бад мешавад. Ин сафари навбатй ба Каршй буд. Амир уро дар Кдршй гузошт ва Ш охин соли 1894 дар хамон чо вафот намуд. Оромгохи шоир дар шахри К,аршй вокеъ гардидааст.

М ЕРОСИ АДАБЕ1И Ш О Х И Н

Ба навиштан натавон шеъри маро кард тамом,Г арчи з-ошуфтадилй завки сухан кам дорам.

Осори Шамсудцин Шохин ба таври нисбатан чомеъ танхо пас аз 42 соли вафоти шоир гирдоварй шудааст. Дар мероси адабии лирикии Шохин чои асосиро, пеш аз хама газал ишгол менамо­яд. Пас аз газал касида, рубой, китъа, мусаммати мухаммас, тарчеот таркиби девони уро фарохам овардаанд. Инчунин, осо­ри достонй: «Лайлй ва Мачнун», «Тухфаи дустон» ва асари ман­сури «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и адиб то кунун дастрас шудааст.

ГАЗАЛИЁТИ Ш О Х И Н

Кунад ба шеъри ту, Шохин, акидаи комил,Касе, ки мухлиси ашъори табъи мавзун аст.

Дар лирикаи Шамсудцин махдуми Шохин газал мавкеи мар- казй дорад. У дар ин чода давомдихандаи анъанахои назми беш аз хазорсолаи точик мебошад. Хидмати таърихии у хамчун шоир аз он иборат аст, ки дар заминаи суннат навпардозиву тозако- рихо кард. Аз ин ру, дар лирикаи Шохин ва хусусан дар газа­лиёти у ишку ошикй, нозу чафои махбуба, васфи хусну чамоли маъшука, исёнхои калбиву садои дилхои лабрези мухаббат, холати ошикй хайрону истигнои махбубаи бемехр, пойдорию устувории ошику ношикебоию ахдшиканихои махбуба, мухаб- бати калбию садокати ошик ва носабуриву чафопешагии дил- бар, азоби хичрону фирок, нозбардориву пуртокатии ошику кибру гурур, фахру таннозии махбуба аз мавзуъхои аввалин- дарачаи газалиёти Шохин аст. Ба ин маънй, «ман»-и кахрамо- ни лирики маънии васеътар мегирад. Ба мавзуъхои ичтимой:

283

кувват гирифтани зулм, пешгириии ноадолатихо, химояи бена- воёну бечорагон, софдиливу рахмхорй, дурандешиву назарба- ландй ва гайра бештар ворид мешавад. Дар баробари мавзуъхои мазкур: васфй табиат ва махсусан м анзаранигорй, ситоиши бахорон ва чузъиёти пурнафосати ин фасли зебои сол: абрхои нилгуну мургобипайкар, пахтамонанду кухчуеса, резиши боро­ни найсону шилдир-шилдири обхои чуйборон, вазидани насими субху накхати гулхои муаттари бахорй, чах - чахи булбулону нагмаи гунчишкхо, дамидани сабзахои махмалину гулхои гу- ногунранги дарахтон ва гайра, ки ин хама дар газалиёти Ш о­хин чанбаъхои кавии ичтимой мегиранд, ифодагари хадафхои муайяну розхои гуногунанд. Ин мавзуъхоро чузъиёти дигар: маю бодагусорй - хамчун рамзи хушгузаронии умр, бахрабар- дорй аз хаёт, дурй аз гаму кулфат ва ночурихои рузгорон ва гайра пурра мегардонад.

Дар баробари инхо мавзуъхои боз хам кавитари ичтимой: шикоят аз зулму золимй, норизой аз ноадолатихову ноодилии зимомдорон, нотавонбинию хасудхурихо, найрангбозиву мар- думфиребй, кибру Fypyp, бухтону дуруггуй ва гайра низ сахт махкум карда мешавад, ки Ш охин дар чузъиёти ифодаву тас­вири онхо низ тозакорихо дорад.

Албатта, дар газалиёти Шамсуддин Шохин ишку ошикй, вас- фи чамоли махбуба бо кулли чузъиёт, холати ошик ва саргузаш­ти пурпечутоби у дар чои аввал меистад, ки шоир дар ин чода хеле кавипанча ва сохибхунар аст. Чунончи, ба ин газали ишкии шоир ру меорем:

Ай, ки аз кадди расо гояти сарви чаманй,Сарвй, ай мох, ба кад, лек ба ораз суманй.Лабу дандони ту, ай сарвкади симандом,Бехтар аз лаъли Бадахшониву дури аданй.Гуфтамаш шонасифат панча ба зулфи ту занам,Ханда зад, гуфт: Илохй ба бало панча занй.Турки ман душ газаб карду бигуфт: «улдураман», Гуфтам охиста ба гушаш, ки киро? Гуфт: Санй.Кард хосияти лаъли лаби чонон, Шохин,Тутии табъи маро шухра ба шаккаршиканй.

Газали боло ишкй буда, дар он симои махбуба аз хар чихат: руй, лабу дандон, каду бает, мую зулф, инчунин олами ботинии

284

дилбар: оташин шудану газаб кардан, хандаи зохирй намудану касди чон доштан ва гайра басо зебою дилкаш, гуворову чолиб, чаззобу назаррабо ба тасвир гирифта шудааст. Тасвирхо низ ухдабароёна ва мувофики хадафанд.

Бо максади кор гирифтан аз хусусиятхои шаклй низ газали зикршуда хунармандона мебошад. Газал радиф надорад, вале кофияхои он хеле чолибанд ва хатто калимаи узбекй низ хам­кофия оварда шудааст, ки аз забондонии шоир дарак медихад.

Д ар газали боло калимахои чаманй, суманй, аданй, занй, санй, шаккаршиканй хамкофияанд. Решай кофия дар шаклй - анй буда, «н» харфи равй ва харфи «й» васл аст. Кофия аз ни­гохи навъии он мутлак мебошад.

Аз нигохи коргирй аз вазн бошад, газали мазкур дар бахри Рамали мусаммани махбуни махзуф иншо шудааст ва шаклй афоъили он чунин аст:

-V - - / V V - - / V V - - / V V -яъне, фоъилотун, фаъилотун, фаъилотун фаъилун.

Аз нигохи чилои хунарй бошад, шоир бо ёрии санъатхои шеърй: таносуби сухан-чаман, сарв, суман; дахон, лаб, дандон, гуфтан, лаъли лаби чонон, шаккаршиканй ва гайра истиора-эй мох, турки ман, сарвй ва монанди инхо. Умуман санъатхои таш- бех, нидо, тавсиф, муболига, ширу шакар, суолу чавоб, ташхис ва гайра истифода гардидаанд, ки хеле гуворову макбулу мат- лубанд. Онхо барои тасвири зебоихои дилбар, чузъиёти хусни у, олами ботинй, офаридани хулку атвор, муносибату гуфтори вай, адабй муомила ва шахсияти кахрамони лирикй ва гайра истифода шудаанд.

Аз мутолиаи газал маълум мешавад, ки шоир хеле махорату дониш, истеъдоду хунар, завку салика, табъу тавони воло дош­та, аз ин суннати адабй ва таърихи пайдоишу рушду инкишофи газал ва саромадани он: Саъдии Шерозй, Хочуи Кирмонй, Хус- рави Дехлавй, Х асани Дехлавй, Хофизи Ш ерозй, Камоли Ху­чандй, Ч,омй, Хил°-™ ва Бедил басо хуб бохабар мебошад.

Дар газалиёти Шохин махбуба бештар яклухт бахо дода на­мешавад. Ш оир ин образи лирикиро хеле эхтиёткорона ва бо чузъиёти симои зохирй ва олами маънавии у ба тасвир меги­рад. Барои мисол ба газали зерин ру меорем ва мебинем, ки кахрамони лирикй-ман, мани эчодкор, мушохидакор, хунар- манд, донишманд низ хает.

285

Хама ачзои ту хубу х,ама аъзои ту хуш ,Хама чои ту ба хубй зи хама цои ту хуш.Нест сарве ба чамаи чун кади раънои ту хуб,Нест мохе ба фалак чун рухи зебои ту хуш.Хуштар аз чон набувад тухфа агар фармой,Кунам ин тухфаи хуш назри кафи пои ту хуш.3-он чунон зиндагие, к-аз ту ба х^ирмон гузарад,Ба ту савганд, ки мурдан ба таманнои ту хуш.Хуш бувад таъми шакар, лек ба коми ман аз уст, Захрханде зи лаби лаъли шакархои ту хуш.Хама дилбастагии хуш ба яке дораду ман,Бастаам дил ба хама зулфи сумансои ту хуш.Пеши он мох бинех чону дилу cap, Шохин,То кадомин кунад аз ин хама колой ту хуш.

Газали зикршуда бо такозои мавзуъ, мазмуну мухтаво ишкй буда, дар он симои махбуба хам куллй ва хам чузъ-чузъ васф карда мешавад. Хдцаф аз аъзо чузъиёти аъзост. Зеро хар аъзо дар навбати худ, аз мачмуи чузъхо иборат аст. Аз ин ру, шоир чузъхоро алохида ва узвхоро чудогона ба тасвир гирифтааст. На мохи осмон мисли руи ёр асту на сарви чаман монанди кади у. Ш акар сарчашмаи ширинихост, вале коми шоир на аз у, бал­ки аз лаъли лаби ёр ширин аст. Касон бо хар чизе дилбастагие доранд, вале шоир ба зулфайни сумансои ёр дилбаста мебошад. Аз ин ру, аз чон хуштаре барои инсон ва азизтаре дигар вучуд надорад. Кахрамони лирикии шеър-ошик розест, ки онро нисо- ри кафи пои махбуба созад. Зеро зиндагй бидунй у бемаъност. Байтулавчи шеър бо байти тахаллус якчо эчод гардида (дар газали боло), шоир зимни он се узве, ки бе хар кадоми онхо инсон наметавонад зинда бошад, ба махбуба пешниход месо- зад, то кадоми онхоро ихтиёр кунад. Ин аст, ки газали мазкур дар гояти шевоию равонй, салисиву ширинй, гувороиву дилни- шинй, маргубиву макбулй эчод шудааст.

Аз нигохи коргирии хунар низ газал басо хунармандона ме­бошад. Ш оир тасвирхои лирикиро тавассути санъатхои шеърии таносуби сухан, ташбех, истиора, муболигаву игроку гулув, ма- чозу рамзу киноя, тавсиф ва гайра хеле ва хеле ухдабароёна ба кор мебарад. Дар натича баёнаш-гуворо, тасвирхо-зебову дил- нишин, чобачогузории калимахо, иборахо мувофики табъ ва мазмунсозиву маъниофаринй басо устодона мебошад. Чунин

286

хунари эчод, албатта на ба хар адиби каторй даст медихад. На хар эчодкори хохншдошта метавонад бо чунин санъату бо чунин хунари эчодй асари санъату адабиётро таълиф намояд. Аз тара­фи дигар, агар Шамсуддин Шохин шоири камхунару пастистеъ- дод мебуд, бо саромадони жанри газал, шоирони дарачаи авва­ли таърихи адабиёти форс-точик пайравй намекард. Х,ол он ки худи пайравй, дар навбати аввал омузиш, мутолиа, чустучу аст. Шоир барои он ки пайравй кунад, онро хуб меомузад.

Аз чихати хусусиятхои шаклй низ газали боло чолиб мебо­шад. Газали зикршуда мураддаф буда, радифи он мураккаб («ту хуш») аст. Радиф дар ин газал дар баробари таъкиди маънову максад, бештару зиёдтар бори гоявй мекашад. Максади шоир дар хадди баланд васф намудани махбуба буда, аъзову ачзои васфшавандаро бо бехтарин шабехот, чолибтарин киёсхо, на- кутарин хисол мехохад чилва бидихад, то писанди омма бошад. Аз ин ру, бештар мечуяд, меомузад, мукоиса мекунад ва на- тича мегирад. Дар мантики оддии ифода хунару дониш, махо- рату истеъдод, санъату заковати худро ба намоиш мегузорад. То хонанда казоват кунад, ки асари санъат барои у чй арзише дорад ва оё калби уро тасхир мекунад?! Радифи мураккабе, ки Шохин барои газали боло пайдо кардааст, ана хамин гуна чан- баъхо, таъкидхоро фаро гирифтааст. Аз ин ру, махз радифи мазкур ба газал оханги хубу маргуб низ дода тавонистааст. Дарёфти кофияхо низ дар газали мазкур хеле чолиб ва хунар- мандона мебошад. Дар газал калимахои аъзои, чои, зебои, пои, таманнои, шакархои, сумансои, колой бо хамдигар хамкофия шудаанд. Кофияхо аз руи навъ мутлак буда, дар калимахои хамкофия харфи равй «о» мебошад ва пас аз равй унсурй дигар- васл омадааст. Хдцаф вахдати мавзуъ ва таъмини адои хуш дар газал аст. Газали мазкур аз нигохи интихоби вазн хам хеле чолиб мебошад. Зеро дар бахри Рамали мусаммани махбуни махзуф иншо шудааст, ки шакли афоъили он чунин аст:

-v - - / v v - - / v v - - / v v - Яъне: фоъилотун/ фаъилотун/ фаъилотун/ фаъилун Яке аз тозакорихои Шохин дар мавзуъ ва мазмуну мухтавои

газалсарой он аст, ки баёни шоир дар пурсузтарин газалхо хам, то андозае чанбаи зарофат касб мекунад. У газалхои басо пурсузу охро бо як тарзу усули ба худ хоси шухиангезу зарифона маври­ди эчод карор медихад, ки дар гояти салосату чазолат ва дилка-

287

шиву гушнавозй мебошанд. Чунин тарзи баёни шоир то ба хддде устодона аст, ки ба мавзуи марказии газал-ишку исёнхои калбй заррае хдм мухолиф нест, хадафи кахрамони лирикиро халал- дор намекунад.

Масалан, газали зерин далели гуфтахои болост:Курбони лаби лаъли шакархои ту гардам,Мафтуни хати голияпирои ту гардам.Лаб мегазй, ай шух, надонам, ки чй гуй,Аз нозукии тарзи адохои ту гардам.Як чои ту тахсис ба гаштан натавон кард,Ай, ман ба ту шайдо, зи хама чои ту гардам.Ч,он назри саропои ту гуфтам ба шаби васл,Рухсат бидех акнун зи саропои ту гардам.Гуфтй, ки ба Шохин занадам дарду балохо,Кай мезанад, аз дарду балохои ту гардам.

Газали мазкур аз нигохи мавзуъ ва мазмуну мухтаво ишкй буда, симои махбуба хамчун образи лирикй аз калимаи нахусти- ни мисраи аввал маълум мешавад. Ошик танхо барои лаби лаъл худро курбон кардан мехохад. Зеро мафтуни абрувону гесувони голияпирост. Лаб газидани махбуба - киноя аз рондани ошик ва огахй аз агёр аст. Вале инро ошик назокати адо мехисобад. Уму­ман, махбуба таннозу саркаш, бемехру бемурувват аст. Ошик бовафову устувор, росткавлу фидой мебошад, вале хануз сохи- бихтиёр нест. Чунин холати кахрамони лирикй хоси газали аср буда, дар жанрхои достонй ( хатто дар эчодиёти худи Шохин) вазъият дигархелтар аст. Яъне ошик нисбатан бепарво ва хар чй бодобод аст.

Аз чихати хусусиятхои шаклй низ газали боло чолибу мат- луб аст. Радифи газал мураккаб буда, аз ду калима фарохам омадааст: «Ту гардам». Аз мохияти маъноии радиф пайдост, ки ошик саргардону овора аст. Пас радифи газали боло дар баро- бари таъмини хушохангию равонй, инчунин бори гоявй бар душ дорад. Кофияхои газали боло низ чолиб буда, калимахои ша- кархо, голияпиро, адохо, чо, саропо, балохо хамкофия шуда­анд. Х,амаи калимахои хамкофияи боло бандаки изофии «и» доранд. Дар калимахои мазкур харфи решагии кофия «о» буда, аз руи хелхои кофия мутлак аст. Газали мазкур дар бахри Хдзачи мусаммани ахраби макфуфи махзуф иншо шудааст. Ш аклй афоъили газал чунин аст:

288

- - v / v - - v / v - - v / v - - яъне: мафъулу мафоъйлу мафоъйлу фаъулун.

Вазни мазкур яке аз маъмултарин авзон дар эчоди газал ва ба хусус газалхои ишкй ба шумор меравад.

Дигар аз хусусиятхои газалхои Шохин аз он иборат аст, ки вобаста ба авзои сиёсй-таърихии замон охангхои шиквой, хасби- \олй нисбатан кувват мегирад. Албатта, баландтарин нуктаи чунин охангхо хануз дар асри XIII ба назар мерасанд. Эчодиёти Сайфи Исфарангй, Сайфи Фаргонй, Камоли Исмоил ва дигарон охангхои бисёр кавии ичтимой доранд. Вале бунёди охангхои ичтимоии ин давра дар эчодиёти Шамсуддин Шохин комилан дигар хел аст.

Тозакорихои Шохин пеш аз хама аз он иборат аст, ки ночу- рихои рузгор, ноадолатихои зимомдорон, зулму золимй, бухлу хасад, яъсу ноумедихо, нокомихо ва гайра дар омезиш бо мав­зуъхои ишкй хеле дилнишину гуворо ва басо хунармандона руи кор омадаанд. М ухимтар он аст, ки ошик ноком ва махбуба комёб мебошад.

Чунончи:Касе чу ман набувад дар чахон нишони фирок,Хазор тири бало хурда аз камони фирок*Нахуст руз, ки ошик шудам ба завки висол,Набуд дар дили ман хеч аз ин гумони фирок.Чй сон ба гунчаи табъам шукуфтагй бахшад,Бахори васл, ки дорад зи пай хазони фирок.Хаёти ман хама вобаста бар висоли ту буд,Ачал, биё, ки кунун мерасад замони фирок.Хамон наволаи захри ачал бувад, Шохин,Нахуст туъма, ки гирй агар зи хони фирок.

Дар газали боло ба чои висол фирок пеш омадааст, ки хеле чонгудоз, дилхарош, чигарсузу синакабоб аст. Ин хама шури- дагию сузи ошикро баландтар намуда, баръакс махбуба хам- фикру карини ракдб мебошад. Ошик чонибдори висол аст, вале махбуба дустдори хачру фирок. Ошик чидду чахд дорад, ки висолро дарёбад, вале махбуба гурезпо ва фирокчуву хичрон- хох аст. Аз ин ру, ошик гарки яъсу нокомихо ва навмедиву но- муродихост, вале махбуба берахму золимтабиат ва бемехру бевафо мебошад. Ошик ягона илочи вокеаро дар шикваю нои- лочй дармеёбад, вале махбуба бепарвою форигбол аст. Ин аст,

289

ки Шамсуддин Шохин бахри таъкиди маъно ва таъсирпазирии мазмуни газал фирокро хамчун радиф интихоб кардааст. У фи- рокро хазони умр ва висолро бахори хаёт меномад, ки дар маъ- ниофарй падидаи тозаву чолиб аст.

Аз нигохи бадеиёт ва чанбаъхои хунари низ газали боло хеле хушоянда аст. Дар газали зикршуда санъатхои бадеии таносуби сухан, тазод, муболига, игроку гулув, ташбех, тавсиф, киноя, мачоз ва гайра басо хунармандона истифода шудаанд.

Унсурхои шаклии газали зикршуда: кофия, радиф, матлаъ, мактаъ, истифодаи тахаллус, интихоби вазн ва гайра низ матлуб аст. Газал дар бахри Мучтасси мусаммани махбуни махзуф ё максур иншо шудааст, ки афоъили он чунин мебошад:

v - v - / v v - - / V - v - / v v ~ яъне: мафоъйлун, фаъилотун, мафоъйлун, фаъилон.

Аз нигохи радифу кофия бошад газали боло боз хам чолибтар асг. Зеро газали мурадцаф бо он характернок аст, ки дар матлаъ алакай мазмуну мухтаво ва мохияту максад аз эчоди он барои хо- нанда комилан маълум мегардад. Чунки тавассути радиф таъкиди маъно ва шахомати гоявии газал ба намоиш гузошта мешавад.

Радифи газали боло аз нигохи шакл радифи сода аст.Газали мазкур аз нигохи кофия хам чолиб мебошад. Дар он

калимахои нишони, камони. гумони, хазони, замони, хони хам­кофия буда, шакли кофия мукайяд мебошад. Д ар калимахои кофияшуда харфи равй «н» буда, пас аз равй харфи дигаре на- омадааст. Калимахои кофияшаванда хам хадафи муайян до­ранд, ки холати кахрамони лирикиро ифода менамоянд. Зеро нишони фирок, камони фирок, гумони фирок, хони фирок хамагй иборахое хастанд, ки холати рухй ва хадафу максади кахрамо­ни лирикиро ифода кардаанд. Холати мазкур кариб дар хамаи газал-хои Шохин ба мушохида мерасанд. Вобаста ба авзои за­мон ва мухити зиндагии Шохин кахрамони лирикии газалхои у, хусусан ошик парешону нота вон, ноилочу шикастадил аст. Шикояти Шохин тадричан дар баъзе холатхо охангхои эъти- розй низ гирифтаанд:

Хама чун куштаи теги ту шуд инак, Шохин,Бини\од аз сари таслим ба поят гардан.Хамаро куштй, агар мекушиям, зуд бикуш,То бубинам, ки маро кушта чй хохй кардан.

290

Ш икояти кахрамони лирикй аз омилхои сиёсию ичтимоии чомеъа, аз ноухдабароии зимомдорон нест, бош ад хам хеле чузъй аст. У бештар аз такдиру аз сарнавишт, аз чархи гардун шиква дорад.

Чунончи:То кай, ай чархи муарбад, зи паи кинаи ман Фитнаи дахр барангезиву ошуби замон.

Ё худ:Бар далели дониши ман гуш нанход осмон,Варна бар даъвии худ чандин ривоят доштам.

Дар баъзе мавридхо шоир зиндагии хешро дар хадди интихо мебинад, ки нишони лашкари гаму кулфатхои рузгор шудааст. Дар чунин холат ба Офаридгор мурочиат мекунад, ки дигар ба зимомдорон боварй надорад:

Нахонпарвардигоро, нотавонам,Ягона нотавоне дар чахонам.Яке мургам чудо аз ошёна,Зи хар су новаки гамро нишона.Ба душам баски бори гам нишастаст,Сарам бар души зону накш бастаст.Чй бадбахтам, ки хар суе нихам руй,Зи оби дида бинам пеши ру чуй...

Чунин охангхои кавии ичтимой дар ашъори Шохин кам нес- танд. Кариб дар хамаи шаклхои шеърии эчодкардаи шоир шик­ва аз гардиши айёму чархи тезрав ба назар мерасад.

3-ин сон, ки хохиши дахр чуз шуру шар набошад, Бадгар дар ин замона айб аз хунар набошад.

Д ар баъзе холатхо андеш ахои у то андозае ба акидахои А хмади Д ониш ш абохат пайдо м екунад. Аз ин м онандй метавон чунин натича гирифт, ки ин холат пас аз мутолиаи «Н аводир-ул-вакоеъ» рух додааст:

Хар давлате, ки бинам, омодаи завол аст,Дар дахр бо чунин хол будан басе махол аст.

Хдсби хол ва охангхои баланди ичтимой дар газалиёти Ш о­хин каме ба чилои нав ва хос садо медиханд. Шохин тавассути чунин охангхои часуронаи ш икоятиву хасбихолй на танхо чомеаи онрузаи феодалиро танкид менамояд, балки сарварону зимомдорони вактро низ сахт мазаммат мекунад:

291

Ман он гулам, ки зи ошуби бесуботии дахр Накарда тоза димоги касе, хазон шудаам.Ба хеч боб маро нест руи хурсандй,Чуз ин кадар ки гуломи шахи чахон шудаам.

Охангхои хдсбих,олй ва шиквоию ганки дни ашъори Шамсуд- дин Шохин арзишманд низ хастанд. Зеро мо пеш аз хама рузгори зиёиёни эчодкор, табакахои дигари ичтимой ва умуман мардум- ро дар давраи муайяни таърихй меомузем. Аз тарафи дигар, хо- нанда муносибати эчодкоронро бо зимомдорон, бо шахсиятхои сиёсй ва пеш аз хама, шоир ва шохро пай бурда метавонад. Хола­ти мазкур барои бахо додан ба адабиёти давр ва муайян намуда- ни арзишхои адабй мусоъидат менамояд. Эчодиёти Шохин аз он шаходат медихад, ки у дар нимаи дуюми асри XIX яке аз намо- ёнтарин симохои адабиёти точик будааст.

ДОСТОНИ «ЛАЙЛЙ ВА МАЧНУН» ВА МАЗМУНИ МУХТАСАРИ ОН

Дар эчодиёти Ш охин достони «Лайлй ва Мачнун» аз чанд чихат мухим ва арзишманд аст. Аз як тараф, пазируфтани сун­нати адабй ва иртиботи у ба эчодиёти пешиниён муайян карда шавад, аз тарафи дигар, сахму хиссаи Шохин дар эчоди масна- вихои ишкй-лирикй маълум мегардад. Инчунин барои дониста- ни пояи шоирй ва хунарй эчодии шоир низ достони мазкур до- рои ахамият мебошад. Агар сабаби таълифи достон такозои замон бошад, бахонаи эчоди достон мусибати оилавй-вафоти завчаи ojohp аст.

Чунончи:Ай дидаи дудмони68 исмат69,Навбоваи70 бустони исмат.Ай хонаи сад хазор нозам В-эй пардаи сад хазор розам.Ай хуфта миёни хоку хора,Чу ста зи канори ман канора...

Шамсудцин Шохин достони «Лайлй ва Мачнун»-ро соли 1888 барои хотираи поки хамсари худро пос доштан дар гули як мох эчод кардааст. Оид ба мухдати таълиф, санаи эчод ва писанди умум гардидани он мегуяд:

“ Дудмон -хонадон, ^абила,69 Исмат - покдомони, бегуно^и, ™Навбова -ту^фа,

292

Сад шукр, ки шуд пазира71 ин ганч,Дар соли хазору сесаду панч.Дар муддати як мах андаке кам,Ин хисни72 рафеъ73 гашт махкам.

Микдори абёти асар беш аз 2242 байт буда, дар таърихи ада­биёт яке аз асархои басо чолиб ба мавзуи анъанавист.

То Низомй ишорахои шоирон ба кахрамонхои марказии он - Лайлй, Мачнун дар ашъори шоирон хеле зиёд аст. Низомй авва- лин касест, ки ин киссаро ба шакли достон даровардааст. Пас аз у Хусрави Дехлавй, Хочуи Кирмонй, Абдуррахмони Ч,омй ва дигарон чунин достон навиштаанд. Достон аз фаслхои суннатй огоз ёфта, сонй марсия дар вафоти завчааш, зерфаслхои насихат ба фарзанд ва сабаби назми китоб меояд. Баъд аз ин хама аслй достон шуруъ мешавад.

Яке аз сарватмандони араб Саиди Омирй бефарзанд буд. Пас аз назру ниёз дар рохи Худо сохиби писар мешавад, ки уро Кайс ном мениханд. Кайсро пас аз чанд сол ба мактаб медиханд. Дар мактаб духтаре бо номи Лайлй хамсабаки Кайс буд. Лайлй дух- тари сардори кабилаи Начд мебошад. Кайс Лайлиро дуст ме- дорад. Ин овоза дар хар ду кабила пахн мешавад:

Мохе, ки нихода даври айём,Аз нисбаги зулф Лайлиаш ном.Чун номи худаш зи тура донист,Озодию дигараш равонист.Акнун, ки махе бад-он тамоме,3-он тура кашад сиёхноме.Чун Кайс сафедном гардад В-он сайд буруни дом гардад.Чун кори хирад тамом кардаш,Мачнуни замона ном кардам.Алкисса ба хам асир гашганд,Омеза чу шахду шир гаштанд.Мачнун раками камол мешуст,Лайлй вараки хаёл мечуст.

Падари Лайлй пас аз шунидани овозаи ишкй онхо Лайлиро аз мактаб мегирад. Кайс худ мактабро тарк намуда, ба куху

71 Пазира - к,абул, 72Х;исн - к^лъа,73 Рафеъ - баланд.

293

биёбон меравад. Аз ин ру, мардум уро Мачнун ном мениханд. Саиди Омирй ба чустучуи писараш баромада уро пайдо меку­над. Ба Кайс кавл медихад, ки онхоро ба максад хохад расо- нид. К,айсро ба хона меорад ва Лайлиро хостгорй мекунанд. Вале падари Лайлй Мачнунро девона мегуяд ва таклифи хост- гориро рад мекунад. Мачнун боз ба кух меравад. Падараш боз уро пайдо карда ба Каъба мебарад. Хднгоми ичрои маносики хач Мачнун пуршур гардидани ишки Лайлиро илтичо менамо­яд. Солори кабилаи Омирй - Навфал бо Мачнун шинос шуда, ба у кавл медихад, ки уро ба муродаш хохад расонид. Навфал вокеан Лайлиро барои Кдйс хостгорй мекунад, вале падари Лайлй чавоби рад медихад. Навфал ба кабилаи Н ачд хучум мекунад. Кабилаи Начд шикает меёбад. Падари Лайлй мехо- хад духтарашро нобуд созад, то ин ки асир наафтад. Мачнун хохиш менамояд, ки чанг бас карда шавад. Навфал чангро бас карда ба падари Мачнун ваъда медихад, ки духтари зебое до­рад ва агар хоханд, уро ба Мачнун медихад. Бо розигии тара- файн туй мешавад ва Мачнун аз чамоли махбубааш хело шод мешавад. Лайлй ин хабарро шунида таввасути нома ба М ач­нун ва чунин сурат гирифтани холат гилахо мекунад. Мачнун сабабгори хамаи нокомихо Лайлиро дониста, завчаи худро си- тоиш менамояд. Аз баъзе ишорахои Мачнун дар мактуби чавобй Лайлй хеле мутаассир мешавад. Лайлй бовар мекунад, ки М ач­нун хануз хам содик аст ва уро дуст медорад. Бинобар он Лайлй дар номаи чавобиаш аз Мачнун узр мехохад. Ин узрхохй ба Мачнун таъсири сахт расонида, арусро ба холи худ мегузорад ва боз рохи куху сахроро пеш мегирад.

Саиди Омирй боз ба чустучуи Мачнун рафта, уро меёбад ва панд медихад, вале ин кораш чандон натича намедихад. Падари Мачнун мактуби калбакие навишта ба Лайлй меорад. У аз гами писари худ вафот мекунад. Мачнун ба мазори падар омада зор - зор мегиряд. Лайлй низ барои тасаллии Мачнун ба хонаи онхо меояд, вале дар рох Ибни Салом уро дида ошик мешавад. Ибни Салом ба хонаи онхо хостгор мефиристад. Онхо туй мешаванд. Мачнун ин вокеаро шунида, Лайлиро накухиш мекунад ва Лайлй устувор будани худро таъкид менамояд. Дар ин айём модари Мачнун вафот мекунад. Лайлй барои тассалй додани дили Мач-

294

нун ба назди у меояд. Онхо ба хам дидор дида хеле хуб сухбат ме- кунанд. Лайлй аз Мачнун чудо шуда аз гаму дарди Мачнун вафот мекунад. Зайди араб, ки косиди онхо буд, ин хабарро ба Мачнун мерасонад. Мачнун хангоми дафн ба кабри Лайлй даромада, уро огуш намуда чон медихад. Бо хамин достон ба охир мерасад.

ТАХЛИЛИ ОБРАЗНОЙ ДОСТОН

Дар достони «Лайлй ва Мачнун»-и Шохин мисли дигар дос- тонхо образхои доимй ва лахзагй, мусбат ва манфй амал меку­нанд. Дар асар образхои марказй: Лайлй, Мачнун волидайни онхо ва махсусан, падарони онхо, косид мебошанд. Образхои мусба- ти достон: Мачнун, Лайлй, падару модари Мачнун, Навфал ва лашкариёни у, духтари Навфал, косид, устодону хамсабакхо мебошанд. Образхои манфии асар: падару модари Лайлй, Ибни Салом, сардори кабилаи Начд ва чонибдорони онхоянд.

Ибни Салом, Навфал ва чонибдорони онхо образхои машхур, вале лахзагианд, ки дар лахзахои халкунандаи хатти сужет иш­тирок намуда, вокеаро басо мураккабу тезутунд менамоянд.

Мачнун хамчун образи асосй ва халкунанда дар достони Ш о­хин хеле фаъол аст. Хатто у духтари Навфалро дуст медорад ва кариб ки баробари бо у хонадор шудан, аз зиндагй конеъ шавад. Уро номаи Лайлй ба шур меорад. Аз ин ру, Лайлй дар мухаббат устувортар аст. Зеро пас аз туй хам аз Ибни Салом дурй мечуяд ва устуворию садокати у дар ишк зохир мешавад. У талаби ди­гар ё норизоии дигареро аз ягон чихат хатто тасаввур хам наме- кунад. Дар достони мазкур образхои падари Лайлй ва падари Мачнун халкунанда мебошанд. Онхо хеле фаъоланд. Танхо фарк дар он аст, ки яке аз руи хохиши фарзанд амал мекунад (падари Мачнун), дигаре тамоман мукобил (падари Лайлй).

ДОСТОНИ «ЛАЙЛЙ ВА МАЧНУН» - И ШОХИН ВА МУНОСИБАТИ ОН БО БАЪЗЕ ДОСТОНХОИ

ХАМ НОМ И ГУЗАШТАГОНАШ

Дар таърихи адабиёт, ба кавле 147 кас дар ин мавзуъ асар навиштаанд, ки хамаи онхо дар пайравии Низомист. Аввалин касе, ки ба Низомй чавобия гуфтааст, Хусрави Дехдавист. Аз ин ру, бо асархои ин ду тан эчодкор такя намудан бисёр кону-

295

ниятх,ои адабиро муайян хам месозад. Маълум аст, ки унвони асархо ва сужети онхо дар мачмуъ як аст. Ф аркият дар лах­захои чудогоиаи хатти сужет мебошад. Зеро ба ин мумкин нест.

Аз ин чост. ки Шохин мегуяд:То кай ба саманд медихй дав,К-он харфи Низомй асту Хусрав.Он сони вай аст, ту зи худ гуй,Гард аз рухи худ ба оби худ шуй.3-ин бехирадй бувад фузунтар,Гар чой равй ба пои дигар.

Албатта, Шамсуддин Шохин хангоми эчоди асар тачрибаи хуби эчодй дошт. Аз ин чост, ки конуниятхои чавобияро риоя кардааст. Бо вучуди он шоир барои чолибияти асари хеш, барои фардияти эчодиёти худ дар хатти сужети достон ва афзалияти образхо баъзе чузъиёти халкунандаро илова намудааст. Аз чумла, лахзаи ба сахро рафтани М ачнун ва рахо кардани у охувонро аз бандй сайёд, озод намудани Мачнун гавазнро аз дом, Мачнунро ба кабилаи Лайлй бурдани пиразан ва гайра, ки дар достони «Лайлй ва Мачнун»-и Низомй дида мешаванд, дар дос­тони Шохин сарфи назар шудаанд. Шохин хатто дар зиндагино­маи кахрамони марказй - Мачнун лахзаи халкунандаи дигарро илова мекунад. Ин лахзаи нав хонадоршавии Мачнун ба духта- ри Навфал мебошад. Инчунин, лахзахои дигари нодир: вафоти падару модари Мачнун, ба хонаи Лайлй овардани Мачнун лах- захоеанд, ки на танхо дар достони Низомй, балки дар достонхои Амир Хусрав, Ч,омй, Хилолй ва дигарон дида намешавад.

Сабабхои тавофути лахзахои чудогона дар максади адибон ва усули пешгирифтаи онхо низ хает. Низомй дар асараш ба тасвирхои психологй ва рухии образхои Лайлй ва Мачнун беш­тар таваччух кардааст. Аз ин ру, тасвирхои у нисбатан тафсил меёбанд, чузъиёти бадей ва баёни хол ату рухия дар асари Ни­зомй муфассалтар сурат мегирад. Д ар асари Ш охин бошад, хадафи эчодкор нишон додани лахзаи фочеавии ишкй Лайлй ва Мачнун буд. Шохин нисбаг ба тасвирхои психологй бештар ба вокеияти хаётй таваччух зохир менамояд. Албатта, ин холатхо бесабаб набуд. У пайваста дар рикоби амир буд. Завчааш аз олами фонй барвакд сафар кард. Тарбияи тифли навзод ва гайра Шохинро водор намуда буданд, ки чанбаъхои вокеияти тасвирро

296

бештар пуркувват бисозад. Яъне Шохин ба накши замону мухит ва шароиту холати вокей бештар таваччух. зохир менамояд.

Саволе пеш меояд, ки вокеиятхои тасвир дар кадом лахзахо бештар ба назар мерасанд? Барои намуна метавон ишора на­муд, ки Лайлй ва Мачнунро бо зурй аз хам чудо мекунанд, Лай­лиро ба каси дигар медиханд, Мачнунро низ мачбуран бо дух- тари Навфал хонадор мекунанд. Онхо дар мукобили ноадола- тихо хеч коре карда наметавонанд. Инхоро метавон лахзахои шархихолии худи Ш охин гуфт. Амир гайри хохиши Ш охин максадхои худро дар чои аввал мегузошт. Вазъияти шоирро комилан сарфи назар мекард ва гайра.

Аз ин чост, ки мавзуи достони Шохин суннатй бошад хам, лахзахои фаровони халкунандаи вокей, хаётй ва шархихолй до­рад, ки марбут ба эчодкори достон - Шамсуддин Шохин мебо­шад. Ба ин восита Шохин ба масъалахои сиёсию ичтимоии за- мон, накши адлу адолат, муносибати шоиру шохро низ то ба хадде дар асари худ чой додааст. Аз ин ру, достони Ш амсуд­дин Шохин арзиши адабй - бадей ва хаётй- вокей низ дорад.

М УНДАРИЧАИ « Ь А Д ОЕЪ-УС-САНОЕЪ» ВА ГУЗОРИШ И МАСЪАЛАХОИ ИЧТИМ ОЙ ДАР ОН

Шамсуддин Шохин мехост дардхои чомеаи худро ба воси­таи панду насихат, андарзу мавъизат даво бахшад. У ин корро бо эчоди маснавии «Тухфаи дустон» то андозае сомон хам дод. Вале донист, ки амирони бемаърифат омодаи шунидану кор ги- рифтан аз он нестанд. Амирони мангитиро бо Атобакхои форси замони Саъдй наметавон мукоиса намуд. Райр аз ин, Шохин дар ин муддат тавассути эчодиёти Ахмади Дониш аз нигохи тафаккури идрок хеле пеш рафта буд. Хусусан, дар тахаввули зехниву фикрии Шохин накши «Наводир-ул-вакоеъ» басо бу- зург аст. Аз тарафи дигар, у дар дарбор амнру атрофиёни вай- ро хуб омухт. Дид, ки ислохи чиддй зарур аст.

Бинобар ин Шохин асари навбатй ва охирини худ - «Бадоеъ- ус-саноеъ»-ро эчод кард. Аз сабаби он ки амиру аморат барои химояи худ ба хама чиз кодир буданд ва аз хеч кори зиште руй намегардониданд, бинобар он хам Шохин марому максади худ­ро дар зери пардахои киноя ва мачозу рамзхои бадей ифода на-

297

мудааст. Ана админ далел боиси он гардидааст, ки «Бадоеъ-ус- саноеъ» асари охирини Ш охин бошад. Аз тарафи дигар, Ш о­хин дар даврахои нисбатан охири рузгори хеш аз амиру аморат хеле хастадилу ноумед гардида будааст. Ин холат ба таври васеъ ва бо оханги кавии фалсафиву сиёсй дар «Бадоеъ-ус-са- ноеъ» хеле чиддй ба тасвир омадааст.

У менависад: « Мир Мухаммад Шамсуддин алмутахаллис ба Шохин аз он чихат, ки тарокуми навоиб ва тазохуми масоиб му- чиби ихтилоли афкор ва боиси инхирофи атвор гардида буд, хост ки ба муктазои хол мачмуат-уш-шикоят пардозад ва дар адои шикоят дастури гариб огозад, чунончи нигорандаро алалфавр эчоби ханда ва баъдалгавр эроси гиря тавонад намуд». Яъне дар мантики оддии ифода шоир гуфтааст, ки: «Аз он цо ки буд, хостам ки мувофики х,олам мачмуаи шикоят сохта дар адои ин шикоят тарзи иншои ацибе вазъ кунам, ба он тарзе ки хо- нанда баробари хондан бихандад, аммо баъди ба фахми мазму­ни он расидан, бигиряд».

Бо назардошти мавзуъ дар ин асар се чанбаъ ба мушохида мерасад:

1. Танкиди мухит ва чамъияги он давра.2. Танкиди ахли замон, арбоби давлат ва сохибмансабон.3. Тасвири холу рухия ва вазъияти худи шоир, шахсияти му-

шохидакор, ки холии дигаре надорад.Асар ба фаслхову зерфаслхо чудо нашавад хам, хадафи эчод­

кор такрибан чунин баён шудааст:1. Зикри иборахои киноявие, ки пеш аз баёни вокеа меоянд.2. Инъикосу тахлили вокеаву ходисахо, ки аз танкиди замон

ва ё аз баёни холати худи муаллиф иборатанд.3. Х,икоёти хурде ба тарзи тамсилй.4. Истифодаи иборахои мачозиву киноявй.5. Хулоса ва натичагирихои худи муаллиф.Шохин огох менамояд, ки ба зохири ходисаву вокеахо фи-

рефта набояд шуд. Хар кас бояд пардаро аз руи зиннату орои- шхо бардорад ва чамъиятро дар вокеияти ошкоро бубинад:

«Субхоналлох, качкули гадо сафинаи кадом дарё шуда ва ба деги Мадраса оши кадом маърака сурати имзо ёфта. Агар аз барф, масалан, бинои манора осон аст, пас манора чаро махсу- си Масчиди калон аст?

298

Хамин нежилой манораи аз барф сохтаро чун манораи хиштй тавсиф мекунанд ва качкули каландариро заврак, гумон мекунанд.

Дарего, ки ин чохилон зимомдорони вактанд ва он чойхо бар ин тоифа еазовор нест. Онхоро бояд дар чойхои барояшон му- носиб шинонд, то ин ки сади рохи чамъиятиву халк нашаванд. Ба ин маънй Шохин менависад: «Каллаи гусола чун тахамму- ли юг надорад, садои он зери хок ва хараки хокй чун токати Kaujuia (авзори асб) надорад, чои он миёни хасу хошок. Аммо хайронам аз инкилоби дахр, ки онро бо мехи чафо набастаанд ва аз инъикоси давр инро (яъне харро) ба чул наороста».

Ба назари Шохин низому тартиб дар кори чомеаи онруза то ба дарачае аз даст рафтааст, ки ислохи он имконпазир нест. Ин холат ба он монанд аст, ки сурма агар зеби чашму давои он бошад, вале чун дарачаи худ наомадааст, пеши чашмонро сиёх мекунаду бас! Бинобар он дардхои чомеъа бедаво шудаанд:

«Бода он чо ки хумор нашиканад, пунба дар дахони шиша нех, об ки хар гох бар номияи нахл кувват наафзояд, дами теша бех». Камаклон ин нуксонхоро агар бубинанд, мехоханд нафъ созанд, вале решахои онро, сабабхои пайдоиши онро намедо- нанд. Ин хираду донишро мехохад:

«Догам аз дасти фикри накцс, ки муаддй ба .\усу;ш камол пест, каик аз муза берун мекунанд, аммо вок;иф на аз %одисаи саг дар Чувол». Яъне адиб гуфтан мехохад, ки акл сазовори рохбарист ва беаклу бехирад набояд, ки рохбарй чамъият бошад, зеро у ба ка­дом рох ва ба кучо бурдани мардумро дарк карда наметавонад.

Ба назари Ш охин, сабабгори асосй манеабдорони хурду поёнй нестанд, балки гунахкори асосй худи амир аст. Шохин таъкид менамояд, ки: «Обмурй агар аз бог калон аст, гила на аз кундаи хору пастии девор аст, балки аз аблахии 6 o f 6 o h аст». Яъне агар богбон окил мебуд, обмуриро хурд месохту деворро баланд мекард, то дузд рох ёфга натавонад ва харобкорй наку- над. Чунин тарзи мухокимаронихои фалсафию хакимонаи Ш о­хин гувохи он аст, ки у ба инкишофи чамъият, системаи рох­барй бар он, усули ба рох мондани корхо, муносибат ба та­бакахои ичтимой, коргирй ба арзишхои илмй, гиреххои фар­хангй ва мушкилхои иктисодиро то ба андозаи сарфахм мера­вад. Зеро хеле оддй бошад хам, баъзан роххои халосиро нишон доданй мешавад:

299

«Чароги афрухтаро чое, ки равган диханд, доман мезананд, чй умеди рушной ва кудаки навомухтаро чое сим дих,анд, бим медиханд, чи тамъаи ошной...

Фарёд аз ин доягони бемехр, ки ба атфоли худ ба чои шир хун медиханд»...

Хадафи эчодкор ин аст, ки чароги афрухта корест, ки андак баъд натича медихад, зимомдорон ба чои онро аз сари бод эмин нигах доштан, ба доман бод хосил карда, онро хомуш мекунанд, то ин ки торикй хукмрон бошад ва сиррашон фош нашавад. Хадаф аз доман сади рох гардидан мебошад. Ё худ максад аз куда­ки навомуз одамони хохишдор, вале камтачриба ё бетачриба аст. Ба чои дасти уро гирифтан, баръакс уро ин доягони бемехр - мансабдорон, ба чои шир хун медиханд. Яъне чонибдорони нашъунамои у нестанд.

Шохин сохибмансабони замонро бо кутохназариву зохирбинй айбдор мекунад. Х,ар як зухури номатлубро бояд пеш аз хама сабабхои пайдоиш, омилхои зохиршавй ва решахои онро чустучу намуд, то ин ки гунахкор бечазо намонад ва адолат пойдор ша­вад. Барои дарки масъала адиб чунин далел меорад, ки:

«Шуллони (маоши) мир агар ба навкар нарасад, гилаи мир аз танхох (рутбаи пасттар аз мир) аст ва ротибаи (мохонаи) вазир агар ба аскар нарасад, шикваи вазир аз подшох аст... Туфанги бетир киро аз по нишонад ва паланги бечанг киро аз чо фишо- над. Оханро то тофта (сурх) накунй, дар чуб наравад ва тир то оташ надихй, аз чуб начахад. Заминро дона дех, то хирман да- равй ва тутиро шакар дех, то сухан шунавй».

Хадаф дар казовати боло набудани низоми давлатдорй, ха- рачу марач, бесару сомонй дар корхои сохибмансабон ва пеш аз хама, дар дарбор аст. Яъне бо давлат гуфтани танхо низом баркарор намешавад. Низому тартибро бояд дар мадди аввал баркарор намуд, то адолат баркарор шавад. Агар адолат набо­шад, он давлат бозичаи дасти мансабдорон аст. Аз ин ру, мак­сад аз маоши мир, мохонаи вазир, туфанги бетир ва паланги бечанг мавчудияти миру вазир, давлату хукумат буда, ин хама зохирй давлатдорй аст, вале фаъолияти онхо, мавчудияти адо­лати ичтимой ва риояи он чанбахои ботинии давлатанд.

Дар баъзе холатхо Ш охин холати худро тасвир менамояд, ки дар мукобили ин ноадолатихо истодагарй кардааст ва аз ин

301

Насри асар сода ва тарзи баёни адиб хеле шавкднгез аст. Саро- по Шохин аз санъати сачь ва навъхои он истифода кардааст. Ин хунарй адиб хонандаро барои мутолиаи асар омода месозад. Хо- нанда аз мутолиаи он лаззати маънавй мебарад ва хастагиро хис намекунад: «Шалгами пухта бо нукраи хом хамранг аст, тафовут ту медонй; обгина бо алмос хамсанг аст, агар метавонй» ва гайра.

Аз калимаю иборахо, таъбирхо, зарбулмасалу маколхои халкй адиб хеле фаровон кор гирифтааст.

Бояд гуфт, ки санъаткорй ё худ кор гирифтан аз рамзу кинояхо, мачозу ихомхо фахмиши мохияту мухтавои асарро мушкилтар намудааст. Хоианда баъзан максади нихоии адибро ба таври ошкоро фахмида наметавонад. Дар хар сурат, асар ахамияти фархангию маърифатй ва тарбиявй дорад.

Асари мазкур гувохи он аст, ки эчодкори он донишманд, со- хибхирад, боистеъдод ва пуртачриба мебошад. Зеро тавассути «Ба- доеъ-ус-саноеъ» у намунаи волои афкори сиёсй-ичтимой, маданй- маърифагй ва фархангй-адабии даврро баён карда тавонистааст.

МАЗМУНИ МАНЗУМАИ «ТУХ.ФАИ ДУСТОН»

М аснавии «Тухфаи дустон» дуюмин асари калони Шохин буда, дар пайравии «Бустон»-и Саъдии Шерозй таълиф шуда­аст. Ин асар нотамом аст. Шохин онро дар мавзуи панду андарз, мавъизату насихат ва умуман тарбияи инсон хостааст эчод на- мояд. Вале шоир мебинад, ки тавассути андарз сиёсатмадорони асрро бо рохи рост хидоят кардан мухол ва хатто номумкин аст. Шояд аз хамин сабаб шоир асарро ба поён намерасонад. Мас­навй бо хохиши устод ва рохнамоихои пири маънавии Шохин- Зарири Ч,уйборй дар чунин шакл тархрезй гардида будааст:

Боби аввал: Дар адл.Боби дуюм: Дар эхсон.Боби сеюм: Дар ишк.Боби чорум: Дар тавозуъ.Боби панчум: Дар ризо.Боби шашум: Дар каноат.Боби хафтум: Дар тарбият.Боби хаштум: Дар шукр.Боби нухум: Дар сабр.Боби дахум: Дар хотима.

302

Дарего, ки аз ин накшаи мураттабсохта танхо мукаддима ва фасли аввали боби нахустини «Тухфаи дустон»-ро Шамсуддин Шохин навиштаасту халос.

Дар асосй хамин бахшхои сомондодаи Шохин метавон ба на- тичае омад, ки шоир авзои сиёсй, холати рухии зимомдорони аср, равиши чамъияти онруза, муносибати дарбор бо илму фарханг, шеъру адабиёт, эчодкорону куввахои зехнию фикрй, раъиятро хеле хуб тахлил кардааст. Ин тахлилу мушохидахо шоирро во- дор сохтааст, ки баъдан фикри дигар кунад. Аз ин ру, шоир бо таълифи мукаддимаву кисме аз нахустбоб каноат кардааст.

У зохиран амир Музаффар ва Абдулахадро васф хам карда­аст ва аз тарзи муносибат бо тасвирхои офаридааш, онхоро сахт танкид низ кардааст. Яъне Музаффарро ба Ч,амшед ва Абдула­хадро ба Заххок монанд мекунад:

Чу гетй зи Ч,амшед пардохт тахт,Бар он тахт Заххок андохт рахт.Шукухе дар ойини давлат намонд,Ба Гуронзамин зебу зиннат намонд.

Ба хамин тарик, Шохин ин асари ахлокии худро аз шикваю танкидй замонааш огоз менамояд:

Маро шиква поён надорад гузор,Ки худ шиква бахре бувад беканор.Фигон, к-ин харифони кинозмой Ба мехр андар оранд халке зи пой.Чу фарзанд аз онат хамепарваранд,Ки чун гурба фарзанди худ мехуранд.Ман идбор дидам, ту фируз бош,Зи ахволи ман ибратомуз бош.

Ё худ дар фасли «Дар гузориши айёми нофарчом ва шикоя- ти хосу авом» меорад:

Ду-се руз чуёи эхсон шудам,Сарояндаи мадхй дунон шудам.Бибурдам ба ороиши назм ранч В-аз он кардам офокро пур зи ганч.Кафи хушки эшон, к-аз он нам нарехт Ва гар рехт чуз хуни мардум нарехт.Сагеро, ки чома даридй ба дев,Фаришта аз у даргирифтй гирев.Чунон барзадам сирати мардумй,Ки гуй назода чу у одами.

303

Забони маснавй, шеваи таълиф ва услуби эчоди Шохин дар «Тухфаи дустон» хеле дилнишин аст. Дар ин хикоят, ки чавоне пиреро мегуяд, ки чаро нихол парвариш мекунй? Охир, ин шояд пас аз чандин сол самар дихад, вале ба ту чй фонда? - Пир ме­гуяд, ки пешиниён шинонданд, мо хурдем, мо хам мешинонем, то ки ояндагон бихуранд:

Яке аз салотини дериш ахе,Гузар карда бар нахлаи анбухе.Ки биншонда ниреш аз нав ба хок,Ба теге хамекардаш аз хашв пок.Бад-у гуфт: ай марди деринасол,Бад-ин умр кай бар хурй з-ин нихол.Худ ин нахлро одат ин аст кор,Пас аз бист сол оварад баргу бор.Чунин гуфт дехкони донишвараш,Ки гар ман нахурдам, хурад дигараш.Чу худ хурдай барги пешинагон,Дарахге пасояндагонро нишон.

Хикояти мазкур мохияти тарбиявй-ахлокй дошта, дар он ин- сондустй ва некукорй ба тасвир омадааст. Дар симои чавон бо­шад, худхохй ва кутохназарй баён шудааст.

ХУСУСИЯТХОИ БАДЕИИ АШ ЪОРИ Ш АМСУДДИН Ш ОХИН

Харифи табъи расой ту кас нашуд, Шо.\ин,Зи бас ягонаи офок, дар сухандонист.

Шамсуддин Шохин дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX яке аз он шоиронест, ки дар хамаи навъхои шеър эчод кардааст. Тоза- корихои Шохин дар касида, газал, клтъа, рубой, тарчеот, мусам­мати мухаммас, маснавй ва гайра хеле устодона аст. Шохин аз тарафи дигар, ба бузургтарин шоирон: Анварй, Саъдй, Камол, Хофиз, Нозим, Низомй, Бедил пайравихо кардааст. У дар касида бештар ба Хокониву Анварй, дар газал ба Саъдию Х^физ ва Бе­дил, дар маснавй ба Низомй бештар таваччух, зохир намудааст. Шохин, ба хусус, дар газал табъи басо баланд дорад, зеро Туграл барин шоир уро устоди хеш медонад. Шохин дар мазмунсозй ва маъниофарй сохибхунар буда, санъати нозуки баён дорад:

304

Курбони лаби лаъли шакархои ту гардам, Мафтуни хати голияпирои ту гардам.Лаб мегазй, ай шух, надоиам, ки чй гуй,Аз нозукии тарзи адохои ту гардам.

Аз сабаби он ки махбуба дар гояти нафосату зебой ба тасвир омадааст, бинобар он чузъиёти тасвири образхои лирикй низ хеле хунармандона аст: лаби лаъли шакархо, хати голияпиро, нозу­кии тарзи адохо ва гайра тавсифхо, истиорахо, ташбехот, кино- яву мачоз ва махсусан, таносуби сухан чолибу кобили кабул ис- тифода шудаанд. Чунин тарзи мазмунсозиву маъниофарй ба ху­сус, дар лирикаи ишкии Шохин хеле зиёд мушохида карда ме­шавад. Мавзуъхои ишкй якчоя бо тасвири чузъиёти бахор, гулу лола, насими атрогин, садои паррандахои хушилхон, навои об- шорону гох-гохе резиши борони найсон, лахзахои тобиши оф- тоби тобон дар тасвирсозихои Шохин хунарй хосанд.

Ай харифон, вакги гул дар гулситои мачлис кунед, Лоларуе игтифок афтад, ба худ мунис кунед.

Ин мавзуъхо бо хамовозии мусикиву суруд ва маю бодагу- сорй тасвирхои хеле хотирмону таъсирбахши лирикаи Шохин мебошанд. Хусусияти чудогонаи лирикаи шоир ба хусус газа­лиёти вай дар он аст, ки он то андозае тобиши зарофатомез до­рад. ки каблан дар ашъори шоирони дигар дучор намешавад. Ин гарзи маъниофариву мазмунсозй аз хадди камолоти маъна- вии Шохин башорат медихад.

Дар лирикаи Шохин мавзуъхои ахлокй, панду андарзй, таъ- лимй- тарбиявй низ мавкеъ доранд.

Инчунин шикояту ганкид, охангхои яъсу навмедй дар лири­каи шоир хеле хунармандона баён шудаанд.

Санъати шопрй, хунарй эчод, пояи сухангустарй, хаёлбофи- ву мазмунсозй, маъниофарй ва хадафнокй дар лирикаи Шохин хеле дилкашанд.

Сабки сухан, гарзи баён, шеваи эчод, хунарй таълифи шоир низ чолиб асг. У аз калимаю таъбирхо, маколу зарбулмасалхо, ифодахои халкй, инъикоси урфу одатхои мардумй, расму русум ва гайра ба хунармандии ба худ хос кор мегирад. Хдцафро хунармандонаву ухдабароёна баён карда метавонад:

Дамаке аз рухи худ парда барандоз, ки ман Аз рухат об дихам чашми гамошоиро.

Ё худ:Гу наварзад ишк хар кас, барнагобад чаври ёр,Хар ки аз гунчишк тарсад, бояд аз арзан гузашт.

305

Дар ин абёт: «Чашмро об додан» ба маънии лаззат бурдан аз тамошо ва дар байти дуюм маколи «Аз гунчишк тарсй, арзан макор» хеле хунармандона кор гирифга шудаанд.

Аз ин ру, накши эчодиёти Шохин барои соддаву оммафахм намудани забони адабии асримиёнагй ва ба зиндагии халк боз хам наздик намудани адабиёти бадей хеле бузург аст.

САВОЛ ВА СУП0РИШ Х,0

1. Оид ба овони ч а в о н и и Шохин маълумот дих,ед.2. Тах,сили ибтидой ва мадрасавии Шох,ин дар кучо гузаштааст?3. Сабабх,ои ба дарбор рох, ёфтани шоирро наф кунед.4. Мероси адабии Шохин аз чихо иборат аст?5. Сахми Шохинро дар рушди газали адабиёти нимаи дуюми асри XIX баён намоед.6. Мавзуъ ва мундаричаи газалиёти Шохинро наф кунед.7. Газали «Ай, ки аз цадди расо гоят и сарви чаманй» - ротахлил намоед.8. Мавзуъ ва мундаричаи газали «Х,ама ацзои т у хубу х,ама аъзои т у хуш» - ро шарх дихед.9. Фаъолияти достонсароии Шохин аз кай огоз шудааст?10. Мазмуни мухтасари достони «Лайлй ва Мачнун»-ро нак,п кунед.11. Образхои асосии мусбату манфй, лахзагй ва доимии «Лайлй ва Мачнун»-ро тахлил намоед.12. Умумият ва тавофути «Лайлй ва Мачнун»-и Шох,ин аз асар­хои хамном аз чй иборат аст?13. Мазмуну мухта ои асари «Бадоеъ-ус-саноеъ»- и Шох,инро нак т̂ кунед.14. Дар «Бадоеъ-ус-саноеъ» Шохин бештар кадом масъалахои ичтимоиро баён кардааст?15. Мавзуъ ва мундаричаи гоявии маснавии «Тухфаи дустон»-ро баён кунед.16. Дар таълифи «Тухфаи дустон» Шохин ба кадом асари ас­римиёнагй пайравй кардааст?17. Мазмуни ду се хикоятро аз «Тухфаи дустон» нану! кунед.18. Арзиши адабии маснавии «Тух,фаи дустон» аз чй иборат аст?19. Оид ба санъати эчод ва хунари шоирии Шох,ин чй медонед?20. Макрми Шамсуддин Шохин дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX аз чй иборат аст?

306

МУХАММАДСИДДИКИХАЙРАТ

Хостем аз лаъли у як х,арфеюрасво шудем,

Дар бари ёроии дерин имтщонимо ба хайр.

Я ке аз шоирони тавонои тоник Мухаммадсидцики Хайрат аст, ки бо эчодиёти худ ба адабиёти давр ва минбаъда таъсири муай- ян гузоштааст. Хайрат соли 1878 дар гузари Арусони Бухоро таваллуд ёфтааст. Номи шоир Мухаммадсиддик буда, «Хайрат» тахаллуси адабии уст. Падари шоир дар масчиди гузари Арусон муаззин буда, барои тарбияи писараш хдматарафа саъй дошта­аст. Ш оир дар овони хафтсолагй аз модар ва дар дувоздахсо- лагй аз падар ятим мемонад. Хайрат дар синни 15-солагй ба Мад­раса дохил шуда, илмх,ои чории замонро комилан фаро мегирад. Вай соли 1895 бо устод Садриддин Айнй рафокат пайдо намуда, онхо аз хамдигар хеле бахра\о мебаранд.

Хайрат аз нигохи иктисодй чандон доро набуд ва аз ин чихат танкисй мекашид. Ин аст, ки шоир барои бехбудии холати ичти- моии хеш соли 1898 ба сифати мирзо, ба хидмати Ашурбек ном даллоли пусти карокулй дохил мегардад. Аз сабаби он ки Хай­рат бемор шуда буд, соли 1900 бо маслихати дустону наздикон барои гагйири мухит ба Фаргона меояд. Бемории шоир вазнин гардида соли 1902 Хайрат аз дунё чашм мепушад.

Хайрат, махсусан, бо таъсири мактаби адабии Ш арифчон Махдум назокати илми шеърро хеле барвакт аз худ менамояд. Аз тарафи дигар, мухити илмй-адабии шахри Бухоро низ ба эчодиёти у таъсири зиёд мерасонд. Ин аст, ки у ба шеъргуй аз овони хурдсолй шуруъ мекунад.

307

МЕРОСИ АДАБИИ ХАЙРАТ

Мухаммадсиддики Хдйрат хануз аз даврони хурдсолй то тах­сил и Мадраса ба шеъру шоирй ру оварда буд. Устод Садриддин Айнй дар ин бора менависад, ки: «... аз камоли истеъдод ва ишки адабиёт дар хурдсолй ба мартабаи устодй расида буд». Хдйрат тавонист дар муддати кутох, аз худ ашъори зиёде ба ёдгор гузо- рад. Ашъори шоирро баъд аз вафоти у яке аз бузургону фозилони замон-Мирзо Абдулвохиди Мунзим ба сифати девон мураттаб на- мудааст. Ба хамин тарик, девони ашъори Хдйрат дорой 2447 байт буда, аз шаклхои шеърии зерин: газалу касида, китъаву рубой, мусаммати мухаммас, мусаммати мусаддас ва г. иборат мебошад.

Дар девони у газал нисбат ба шаклхои дигари шеърй мавкеъ дорад. Мавзуи марказии ашъори Хдйрат ишку ошикй, шуру вал- вал ахои ботинии инсон, садои дилхои лабрези вафодорию му- хаббат, садокату самимият мебошад. Бахусус, газалиёти у аз ин чихат афзалияти бештаре дорад.

Масалан, газали зерини Хдйрат, ки аз нигохи мавзуъ, маз­муну мухтаво ишкй - васфй буда, дар он хусну чамоли махбуба васф карда мешавад, хеле чолиб аст. Ин газал, ки аз хар чихат аз нигохи хусусиятхои мундаричавй: маъниофарй, мазмунсозй, интихоби лафзу назокати ифода, хунарй коргирй аз санъатхои бадеии маънавию лафзй ва г. чолиб аст.

Аз чихати талабоги хусусиятхои шаклй хам хеле дилнишину хотирмон мебошад. Зеро хатто диккати устод С. Айниро чалб иамудааст ва устод ин газалро яке аз бехтарин газалхои суннатй мехисобад.

Чунончи, матни пурраи он газал:Ай сарв, беибо ба чаман cap кашидай!Моно, ки сарви комати уро надидай?Ороми сарви ман бувад аз чуйбори чашм,Ай сарв, агар ту бар лаби чу орамидай.У сарви дилбар асту равон аст дар хиром,Ту сарви бебариву ба кунче хазидай!У реша дар дил асту зи дил об мехурад,Ту реша дар гил астиву аз гил дамидай.У нозпарвар асту бувад шох-шохи лутф,Ту богпарвар, аз ду- се шохи буридай.Хайрат, зиёда муътакиди сарви нози у Гаштй, магар мунозираи мо шунидай?

308

Газали зикршуда, бешубха хеле хунармандона эчод шудааст. Буиёди тасвири шеъри боло ду сарв буда, яке дарахт ва дигаре махбуба мебошад. Аз ибтидо то интихо ташбехи баргаштаву таш- бехи тафсилй ба кор шрифта шудааст, то ин ки шоир бартарии махбубаро нишон бидихад. Сарви чаман, ки аз дарахтони дигар дар каду комат бартарй дорад, ифтихор мекунад. Шоир уро огох месозад, ки фахри ту бечост, зеро аз руи тамоми хусусияту ало- матхои мукоисашаванда комати махбуба бартарй дорад.

Хусусиятхои шаклии шеъри боло низ басо чолиб ва хотирмон аст. Зеро интихоби калимахову иборахо, хусусиятхои габиии да- рахту инсон, чобачогузорй, мантики бадеии сухан ва гайра ра- дифро талаб намекунад. Вале калимахои кафияшаванда: каши- дай, надидай, орамидай, хазидай, дамидай, буридай, шунидай низ бозёфти шоиранд. Онхо хеле хуб «чинда» шудаанд. Дар кали­махои хамкофия решай кофия - идай буда, харфи равй «д» мебо­шад. Аз ин ру, кофияхои газали боло мутлак мебошанд.

Аз нигохи вазн низ газали мазкур нисбатан дилнишин аст. зеро дар бахри Музореи мусаммани ахраби макфуфи махзуф ё максур иншо шудааст. Афоъили он чунин шакл дорад:

— v/ - v - v / v - - V / - V -

яъне: мафъулу. фоъилоту, мафоъйлу, фоъилунХайрат шоири газалсарост ва дар ин хунар хеле панчаи кавй

дорад. У газалхои таклидкорона хам дорад, вале дар таклид хам на хар кас муваффакият пайдо карда метавонад. М асалан, газали мазкури Х айрат хеле хунармандона ва устодона эчод карда шудааст:

Чашм андозам, ки он гулнирахан ёдам кунад,Гуш як дам аз тараххум суи фарёдам кунад.Чанд бошам аз фирокаш банда бо оху фигон,Кош суям як назар он сарви озодам кунад.3-он лаби ширинлабе ширин нашуд, охир маро Х,амнишини кухи гам монанди Фарходам кунад.Хоки рах гардидаам боре ба рохи тавсанаш,Як нигах аз лутф ё якбора барбодам кунад.Абруяш тири газаб хар лахза бар дил мезанад, Наргиси масташ ба чон сад фитна эчодам кунад.Захр менушам зи чоми дида аз сахбои ашк,Шоядам чоми май он мах нуш бар ёдам кунад.Зору махчуру хазинам, Хайрат, аз хичрони у,Бар умед он мах зи васли хеш дилшодам кунад.

309

Дар газали зикршуда истеъдоди вокеии Хайрат, хунари волои у, допишу чахонбинй, табъу тавони суханварии вай боз хам беш­тар ошкор мешавад. Чашм андохтаи-киноя аз пиндоштан, ба умед будан ва гулпирохан-истиора, зеро ташбехшаванда нест ва танхо ташбехкунанда зикр шудааст. Гуш суи фарёд кардан- гапи касеро гирифтан, розй шудан ба фикри касе; хамнишини кухи гам будан- гамшарикй; абру-тири газаб ва гайра. Газали боло ишкй буда, хадафи шоир шикоят аз хачри ёр, фироку дурй аст. Ошик муш- токи висол аст, вате махбуба газабноку бадкахр мебошад.

Аз нигохи хунари эчод низ газали зикршуда хуб эчод шу­дааст. Газал дорой радиф и содда буда, калим аи кунад ба хайси радиф оварда мешавад. Радиф танхо аз таъкиди маъ- но иборат набуда, бештар бори гоявй мекашад. Газал бо та- козои кофия хам чолиб буда, дар он калимахои ёдам, фарё- дам, озодам, Ф арходам, бодам, эчодам, ёдам, дилшодам хам- кофияанд. Аз чихдти навъхои кофия бошад, кофияхои газали мазкур мутлак аст, зеро пас аз равй («д») унсурхои дигари кофия ом адаанд. Х адафи ш оир аз истифодаи чунин тарзи кофия баёни холати пешомада мебошад.

Дар эчоди газал шоир аз бахри Рамал истифода кардааст. Ин аст, ки газал дар бахри Рамали мусаммани махзуф таълиф шудааст. Афоъили вазни хосилшуда чунин аст:

- V - - / - V - - / - V - - / - V -

яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун.Намунахои дар боло овардашуда далели онанд, ки ашъори

Хайрат дар адабиёти замони худ нисбат ба дигар муосирон аз хар чихат бартарй дорад.

Дар газалиёти Мухаммадсидики Хайрат мавзуъхои танкидй, хачвй хеле зиёданд. Масалан, у зохидро хеле сарзаниш менамояд:

Зохид аз дайр ба масчид зада саъйи ботил,Кист ин гумшударо дар рохи \а к гардонад.Харфи имрузи ту бо мо хамагй кину чафост,Худ муаллим зи вафо кош сабак гардонад.

Яке аз хусусиятхои чолиби газалиёти Хайрат аз он иборат аст, ки хатто мавзуъхои ишкй низ тобиши хазлу шухй гирифтаанд.

Чунончи:Мо ба узлат мурда, ёди дилситони мо ба хайр, Барнамегирад хабар сарви равони мо ба хайр.

310

Ёди у дорем ахде, хеч ёди мо накард,Ёди бепарводнли номехрубони мо ба хайр!Мо ба фикри он ки дорад ёр фикри холи мо,Боракаллах фикри мову хам гумони мо ба хайр.Нукли мачлис хар кучо зикри парешонии мост,Мо ба худ чамъем, асрори нихони мо ба хайр!У намерафтаст худ чуз дар рахи шарри ракиб,Ёди чоки кардаю чуту нишони мо ба хайр.Хостем аз лаъли у як харфею расво шудем,Дар бари ёрони дерин имтихони мо ба хайр.

Газали зикршуда андаке тамоили хазломез дорад. Ошик-кахра- мони лирики хамоно гирифтори хичрои аст, вале махбуба хеле бепарводилу номехрубон мебошад.

Ин аст, ки ошик, уро: ахсант, мегуяд. Ахсанти гуфтаи у маъ­нии зохиран офаринро дорад. Махз бори гоявй бардоштани ра- дифи мураккаби «мо ба хайр» тобиш и хазлангези максади кахрамони лирикиро таъмин кардааст. Аз ин ру, шоир онро ба хайси радиф баргузида, то ба охири газал ба кор мебарад.

Аз нигохи хунарй шоирй низ газали дар боло овардашуда хеле хунармандона аст. Шоир аз санъатхои бадеии таносуби сухан, истиора, мачоз, киноя, ташбех, муболига, тазод, тавсиф ва г. хеле ухдабароёна истифода мебарад.

Аз чихати хусусиятхои шаклй низ ин газал хуб аст. Чунон ки кдблан ишора рафт, шоир дар ин газал радифи мураккабро ба кор мебарад, то ин ки бори гоявии хадафро вазнинтару таъсир- бахштар намояд.

Кофияхои газал калимахои дилситон, равон, номехрубон, гу­мон, нихон, нишон, имтихон, чон... буда, кофияхои мукайяд мебошанд, зеро баъди харфи равй («н») унсури дигар иштирок надорад.

Газали боло дар бахри Рамали мусаммани максур эчод шу­дааст. Афоъили вазни мазкур чунин шакл дорад:

-V - -/- V - -/- V - -/- V ~Яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилон.Хайрат дар эчодиёти худ, махсусан дар эчоди газал ба шои­

рони пешина пайравй кардааст. У ба ашъори Саъдй, Бадрудди- ни Х,илолй, Мушфикй бештар таваччух намудааст. Хусусан, дар муносибат ба образи лирикии махбуба Хайрат, асосан ба Хилолй ва эчодиёти у ру меорад. Барои намуна ба ин газали

- 311

М у хамм аде и дд и ки Хайрат мурочиат менамоем, ки хеле хунар- маидона руи кор омадааст. Албатта, сузу гудоз дар газалиёти Х,илолй ва назокати ифодаи чузъиёти тасвирхои лирикй дар шеваи эчоди у афзалияти том дорад.

Чунончи:Ай муниси дил, душ ту мехмони кй буди?Дил бе ту ба чои омаду чонони кй буди?Мает аз май ишкат маиу бо гайр задй чом,Ранчури ту ман будаму дармони кй будй?Хамсухбати агёриву як бор нагуфтй,Бо худ, ки карини дили бирёни кй будй?Бурдй ту, карор аз ману ороми кй гаштй?Мурдам зи фироки гу, бигу, чони кй будй?Аз гиряи ман киштии афлок равон гашт,Ай рух,и равон, луъбати хандони кй будй?Боре накашидй зи дилам хори чафоро,Бо орази гул сарви гулистони кй будй?Ханчар ба кафу мает паи катли ту омад,Хайрат, бинигар захмии пайкони кй будй?

Газали мазкур пайравй бошад хам, басо ухдабароёна ва хунар- мандона аст. Мавзуи газали боло ишкй буда, бемехрй, чафокорй, бепарвой, берахмй, ситамгорй, золимй, бесабрй, дилсардй, бе- вафой дар симои махбуба мавриди тасвир карор дорад. Ошик бошад баръакс: бовафо, бомухаббат, пуртокату пурсабр, чафо- кашу рахмдил, хушмуомилаву хушеухан аст. Ошик аз махбу­ба шиква кунаду нолад хам, амалхои у аз сидки дил нест. Зеро у сидкан махбубаро дуст медорад. Рузгорй хешро бе махбуба- аш хеч мехисобад.

Махбубаро баробари чон пазмон аст. Ин аст, ки бунёди мав- зуии газал ишкй буда, хичрон, фирок, дури аз висол, канора- гирй асоси онро фарохам овардааст. Аз ин ру, шоир барои таъ- сирнокй, дилчаспй, гуш навозй дар коргирй аз хусусиятхои шаклй, унсурхои ёвари мазмунсозй хеле хуб хунарнамой меку­над. Гуфтан мумкин аст, ки хунарманд аст.

Истифодаи радиф дар газали боло хеле чолиб буда, шоир барои таъсирнокии баён радифи мураккабро истифода бурда- аст. Албатта, дар газали Хилолй ин чихати баён боз хунарман- донатар аст. Яъне радифи мураккаби «кй будй?» бори гоявй ба душ дошта, суоли ошик бар махбуба мебошад.

313

К О Р ИР А Х М А Т У Л Л О Х И

ВОЗЕХ

Х,адиси ояти %ицрон рак,амзадй, Возех;,

Ки нест %оцати шаруй ссщех,утафсирам.

Я ке аз шоирони тавонои адабиёти нимаи дуюми асри XIX точик К,орй Рах,матуллох,и Возех, буда, соли 1818 дар шахри Бу­хоро дида ба дунё кушодааст. Возех дар ибтидо дар дабиристони Кориён тахсил намуда, баъди хатми таълимкадаи мазкур ба Мад­раса дохил мешавад. Яке аз устодони бонуфузи у дар Мадраса домулло Хочибойи Хучандй буда, аз ин шахе Возех улуми чории даврро омухтааст. Шоир илмхои дигарро аз кабили улуми адабй, гаърих ва инчунин табииётро низ хеле хуб аз худ мекунад.

Баъди хатми Мадраса Возех ба хидмати хокими Кармина- Му- заффархон рох меёбад. Мухити хукмронии дарбори Музаффар- хон ба Возех чандон писанд намеафтад ва аз ин ру, дере нагузаш- та шоир боз ба Бухоро бармегардад. Вакте ки Музаффархон ба тахти хукумати марказй менишинад, кори Возех боз омад намеку­над, зеро муносибати хоким бо Возех чандон хуб набудааст.

Возех аз фурсат истифода намуда ду корро сомон медихад: аввал ин ки дар як касидаи худ аз амир Музаффархон хеле ва хеле бо самимияти хосса ёд намудааст, аз чумла:

Хуршедфитрато, малико, хусраво, даме Чашми ризо ба суи мани бенаво кушой.Гар муфлисам ба симу зар, аммо ба синаам Бас ганчхои фазлу маъонй намуда чой.Ру карда омадам ба дарат бо хазор умед,Дил баста омадам ба чанобат ба сад рачой74...

74 Ра^ой - орзу

314

Дуюм ин ки соли 1871 вай тазкираи худро тахти унвони «Тухфат-ул-ахбоб фи тазкират-ул-асхоб» («Тухфаи дустон ва зикри ёрон»)-ро ба итмом расонида, онро ба амир М узаффар­хон пешкаш мекунад. Д ар тазкираи Возех беш аз 145 нафар куввахои адабии охири асри XVIII ва огози садаи XIX чой дода шудаанд, ки онхо дар каламрави Бухоро, Куканд, Самарканд ва дигар марказхои илмй-фархангии Осиёи Миёна зиндагй ва эчод кардаанд. Дар муносибат бо чунин корхои Возех амир чй гуна икдом намудааст, равшан нест ва ин чиз мусаллам аст, ки Возех асосан бо пешаи хаттотй касби маош мекардааст. Инчу­нин, Возех аз улуми табииёту риёзиёт, фикх ва тиб низ ба таври бояду шояд бахраманд будааст.

Соли 1885 дар аморат тагйирот ба вучуд меояд, ба чои Му­заффархон писари у-амир Абдулахадхон сари кудрат меояд.

Бахори соли 1886 Корй Рахматуллохи Возех бо нияти ба чо овардани хач рохи Арабистонро пеш мегирад. У тавассути Турк- манистон, Кафкоз, Истамбул ба Арабистони Саъудй меравад ва дар бозгашт соли 1887 ба Бухоро рохи у аз Каламрави Ироку Эрон мегузарад.

Пас аз сафар у хотирахои хешро дар шакли китоби сафарй таълиф менамояд, ки дар ин асар оид ба рушди мамолики хо- рича ва аз ин бояд сарварони хукумати Бухоро ба ягон хулосаи зарурй биёянд ва ба хамин маъно тасвирхо дида мешавад. Вале ин асар ба аморати Бухоро ва балегуёни дарбор писанд наомад ва суханони Возехро онхо хамчун ношукрй пазируфтанд ва ба у тамоман ахамият надоданд. Дар ин бора аз баъзе намунахои ашъори Возех иттилоот метавон пайдо намуд, ки гуфтааст:

Зи бас гирифта дил аз вазъи олами пирам,Ба рузгори чавонй чу гунча дилгирам.Чу дил шикаставу ошуфтаю парешонам,Ки хамчу мавч набошад кабули таъмирам.Насиби ман ба чахон гайри талхкомй нест,Магар, ки рехта айём захр дар ширам.Хадиси ояти хичрои ракам задй, Возех,Ки нест хочати шархи сахеху тафсирам.

Умуман, дар лирикаи Возех охангхои яъсу навмедй, шикас- тадиливу шикастанафсй, шиквахо аз нодориву тангдастй, бе- навоию кашшокй хеле баланд садо медиханд. Намунаи казо-

315

вати мазкур газали зерии аст, ки шояд шоир дар хамин айёми камбагалии хеш таълиф намуда бошад.

Чунончи:Ман, ки аз ташвиши даврон хотирам зери гам аст,Рузи идам дар назар монанди шоми мотам аст.Карда гамхои чахон чо дар дили ношоди ман,Лочарам чуз ман ба олам хар ки бинй хуррам аст. Одамият дар мизочи ахли олам ёфт нест,Бошад аз хайвон басе кам, он ки гуй одам аст.Рафт то чое камоли нуксу нуксони камол,Сохиби чахли мураккаб бошад, он к-у аълам аст. Бошад эмин аз гурури ин шаётинофатон,Чун Сулаймон хар ки таслимаш нигиии хотам аст.Дил ба нони хону оши косаи дунон мабанд,Филмасал гар курси хуршед аст в-ар Ч,оми Чам аст.Баъд аз ин, Возех, чу Урфй аз фалак фарёд хох:«Ман ба чое меравам, к-он чо кадам номахрам аст».

Албатта, тахмин метавон намуд, ки чунин абёти мохияти бис­ёр кавии ичтимоидошта шояд аз нигохи эчод ба даврони пирии шоир рост омада бошанд. Чунин ашъори лирикии шиквой дар осори махфузмондаи Возех кам нест. У бештар ранчу кулфатхо, тангдастию шиканчахои замонро зимни накши лирикии махбу­ба хеле ва хеле хуб ба тасвир мегирад. Ч,узъиёти тасвир дар лирикаи иищии Возех бо ин характернок аст, ки пурра вокей, хаётй, мушаххас, мукаррарй буда, аз ночурихои рузгор хосил шудаанд. М асалан, газали зерини Возех намунаи бисёр хуби чунин казоват мебошад:

Ёр темори дили хастаи мо кард? - Накард,Гузаре чониби арбоби вафо кард? - Накард.Чашмаш аз лутф суи гамзадагон дид? - Надид,Дилаш аз мехр ба мо майли сафар кард? - Накард. Соате муниси гамхонаи мо буд? - Набуд,Тарки хамсухбатии ахли дуо кард? - Накард.Бар муроди дили ахбоб даме рафт? - Нарафт,Дарди ушшоки чигархора даво кард? - Накард.Аз парешонии ман зулф туро гуфт? - Нагуфт,Ё ки такрири гамам боди сабо кард? - Накард.Бар гами бекасиам хеч касе сухт? - Насухт,Аз шиканчи ситами чарх рахо кард? - Накард.

316

Коми Возех фалаки шаъбадабоз75 дод? - Надод,Рах,м бар вай нафасе бахри Худо кард? - Накард.

Поёни умри Корй Рахматуллохи Возех, дар Бухоро сипарй гар­дида, у соли 1894 дар хдмин до олами фониро падруд гуфтааст.

МЕРОСИ АДАБИИ ВОЗЕХ

Дар суханпардозиву иншои насрам нест мисл,Нест касро андарин фазлам мачоли мункирй.Дар луготи форсиву туркиву лафзи араб Бурдам аз майдони маънй гуйи сабку бартарй.

Бо вучуди хдмаи мушкилоти зиндагй, ноадолатихои ичти­мой, тангии маишй, нооромихои замон Корй Рахматуллохи Возех тавонистааст аз худ осори гаронарзиш бокй гузорад. Возех, се забонро: точикй, арабй ва туркиро хеле хуб омухта будааст ва бо ин забонхо эчод кардааст, вале бисёр афсус, ки на хамаи он осори гаронкадр то ба ин рузхо омада расидааст. Аз мероси адабии Корй Рахматуллохи Возех то кунун чунин асархо мах- фуз мондаанд: «Тухфат-ул-ахбоб фй тазкират-ул-асхоб», «Са- вонех-ул-масолик ва фаросих-ул-мамолик» ё «Еароиб-ул-хабар фи ачоиб-ус-сафар», «Кони лаззат ва хони неъмат». Ин асари Корй Рахматуллохи Возех дар хусуси тайёр намудани таъомхои миллй, ширинихо ва анвоъи нон, ки дар миёни мардумони Осиёи Миёна ва ба хусус, бухороиён чорй будааст, маълумоти суд- манду муфид медихад. Асари дигари Возех «Акоид-ун-нисо» («Эътикоди занон») ном дошта, дар ин асар урфу одат, расму хурофоте, ки миёни занони нодону нохондаи ватани шоир-Бу- хоро хукмфармо будааст, хачву танкид карда мешавад.

Нихоят, осори манзуми К°рй Рахматуллохи Возех, ки аслан бо забонхои точикй, арабй ва туркй эчод гардида, кисми зиёди он осор аз миён рафта будааст. Холо кисман ба забонхои точи- киву арабй махфуз мондааст, ки онхо на дар шакли девон, бал­ки дар шакли парешон, аз сарчашмахои асри шоир кисман гир- доварй карда шудаанд.

Инчунин, баъзе асархои дигари у низ то кунун махфуз мон­даанд ва ё дастрас нестанд, танхо унвони онхоро муалли- фони сарчаш м ахо ёдрас кардаан д . Ба силки чунин осор: «Ш акоик-уд-дакоик»-дар тавсифи илмхо ва олимони хамон

75 Шаъбадабоз - найрангбоз.

317

соха, «Ароис-ул-абкор ва наводир-ул-афкор»-асари бадей буда, аз хикоёти манзуму мансури мухталифи ба забонхои точикию арабй эчодшуда иборат мебошанд ва нихоят «Тухфаи амонй», ки оид ба илми тиб аст, дохил мешаванд.

«САВОНЕХгУЛ-МАСОЛИК ВА ФАРОСИХ-УЛ-МАМОЛИК»

Кори Рахматуллохи Возех ба ин асари худ ду ном гузоштааст: «Савонех-ул-масолик ва фаросих-ул-мамолик» («Вокеахои рох ва масофаи байни мамлакатхо») ва унвони дигари хамин асар «Fapo- иб-ул-хабар фи ачоиб-ус-сафар» («Х^икоёти гариб аз ачоиботи са­фар») мебошад. Ин асари сафарй буда, соли 1887 таълиф шуда­аст. Асар зохиран ба хокими вакт амир Абдулахад бахшида шу- дааст.Ин асар аз мукаддима, бахши асосй ва хотима иборат аст. Мукаддимаи асар суннатй буда, аз тахмид, наът огоз мешавад ва муаллиф дар хамин бахш максади худро аз сафари Хичоз баён менамояд. Дар кисмати асосии асар Кори Рахматуллохи Возех тасвир менамояд, ки у соли 1886 чй гуна бо нияти ба чо овардани маросими хач ба сафари Хичоз баромадааст.

Возех аввалан рохи хешро тарики сахрохои Туркманистон, шимолии Эрон, сохилхои бахри Хазар (Каспий), каламрави мул­ки Кафкоз, бахрхои Сиёх ва М иёназамин ва бахри Сурх ба Х,ичоз рафта расидааст. Пас аз адои маросими мукаддаси хач у зимистони соли 1887 тавассути роххои Эрон ба Бухоро ома­дааст. Дар ин асар оварда мешавад, ки муаллиф хангоми мусо- фират бисёр шахрхои мутараккии олам мисли: М арв, Ашко- бод, Боку, Искандария, Машхад, Ирок, Эрон ва гайраро дида- аст, ба тарзи зиндагй, урфу одат, рузгор, забон, маданият, му- носибат, пешрафт, усули давлатдорй, ободонии шахрхо, машг- улияти халкдои ин ё он шахру кишвар, боигарии онхо, истехсо- лоту истеъмолоти онхо, зироату богдорихо, дарёхо, иклимхо, раставу бозорхо, масчиду мадрасахо, таълимкадахо, машгули- яти дустдоштаи баъзе халку кишвархо ва гайраро мушохида намудааст. Возех, хусусан ба шахрхои Боку, Тифлис, Батуми ва дар як катор шахрхои Русия ва гайра чанд муддат меистад, аз ободонию маданият ва усули кишвардории онхо амирро ме­хохад огох созад. Хатто амирро барои бехбудии мамлакат ба чорачуй мехонад, вале бисёр афсус, ки хидмати адибро дар Бухоро ба амир чоплусхову чокарони у дигархелтар шарх ме-

318

дихднд, ки амир Абдулахад ба Возех, ба чашми тахкир менига- рад. Миёни шох ва шоир низоъ ба амал меояд.

Гояхои пешкадам ва маърифатпарваронаву маорифхохоиаи К,орй Рахматуллохи Возех дар ин асар дар он хам зохир мегар­дад, ки шоир маданият, санъат, илм ва фарханги пешкадамро таргиб мекунад. Бояд гуфт, ки аввалан асар барои таргиби ма- кони мукаддаси ислом, М акка ва Мадина, ба до овардани хан таълиф шудааст ва муаллиф аслан хамин чихатро мехохад ба мардум шиносонад. Зеро дар ин муддат робитаи Бухоро ба Ша- рку Fap6 чандон чоннок набуд ва аз ин ру, Возех мехохад марду- мони Бухоро ва атрофи онро бо мукаддасоти исломй шинос на- мояд ва ба хусус, наели миёнсол ва чавони каламрави Бухороро бештар вокиф созад. Танхо пас аз рох ёфтани Русияи подшохй, бо вучуди бисёр чанбаъхои манфй, тарафхои пешкадам низ ба мушохида мерасад ва ин чанбаи пешкадам пайвастан ба тамад- дуни Fap6 ва техникаву технологияи Аврупо мебошад.

Возех дар ин чода то ба дарачае пайравй Ахмади Дониш аст, зеро у мутаассиб нест. Возех бештар ба он шахрхо рафта буд, ки он чойхо нисбат ба Бухоро хеле пешрафта ба шумор мерафтанд.

Возех асосан ба се чихат бештар диккат додааст: а) сохтори сиёсии кишвархо, мамлакатхо, б) сатхи рушди икгисодиву сиёсй, в) холати илму маданият, адабиёту хунар, техникаву технологияи то дарачае пеш раф та. Возех ба ш ахри М арв аз он чихат таваччух мекунад, ки он аллакай тавассути рохи охан ба Ав­рупо пайваста буд. У менависад: «Аз хангоми убури дой (яъне ман, банда) то алхол, ки ёздах, мох аст, Марв бисёр обод шуда ва тафовути куллй дар умроноту (ободонй) асвок (бозорхо) ба хам расонидааст. Ва ба чи \ати дарё пуле сохтаанд муштамил бар сездах хона аз чуб...».

Ё худ дар тасвири осиёби шахри Истамбул менависад: «Мо- шин дошт, ки сабусро аз орд чудо мекард ва мошини дигар дошт, ки орди аълоро аз авсату (миёна) адно (пасттар) имтиёз медод».

Возех ин хама техникаву технологияро аз мувофикаги илму амал ва пешрафти илмхои табиатшиноей медонад. Возех Тех- ронро аз он чихат тасвир мекунад, ки дар баробари мадрасахо мактабхои усули нави харбй-низомй ва техникаву технологияи Аврупоиро кор гирифтааст. У менависад: «Ба иморати муал- лимхонаи шахрй рафгем, ки ба даруни хучароти онхо марду-

319

мон ва кудакони дигар хастанд, ки забонхои мухталифа аз ру- сиву фарангй ва арабию юнонй ва гайра илми низоми сарбозй таълим медихднд».

Хднгоми сафар Возех, ба бисёр миллатхо ва намояндагони динхои дигар вомехурад. У ба як тан точири арман дар бораи худ чунин накл мекунад: «Ман марди толибилми факирам ва на моле хариданй ва на бизоате фурухтанй дорам. Он чи ман до­рам, хамин мояи илму хунар аст, ки касе онро намеписандад...».

Аз ин киёсхо бармеояд, ки асари Возех то ба хадде бо сабки реалй иншо шуда, арзиши адабй, бадей, таърихй, чугрофй, этникй, фархангй, фолклорй, иктисодиву сиёсй дошта, халки сарзамини Бухоро ва пеш аз хама, хукумати ин каламравро аз тамадцуни Шарку Fap6 то андозае огох месозад. Ба туф ам и асари Возех ба таркиби лугавии забони точикй як катор калимахои нав: микно- тис (магнит), физика, вогун (вагон), охан, челиз (желез), мошин, аробахои оташй, рейл ва г. ворид шудаанд ва хатто ба кадри та- воноии худ муродифи точикии онхоро пайдо мекунад.

Умуман, Возех, барои он ки забони асараш ба хонандаи Бухоро фахмо бошад, бештар аз луготи гуфтугуй-халкй низ кор гирифта­аст. Инчунин дар баъзе мавридхо гумон меравад, ки сабки адиби охири асримиёнагй нест. М асалан, «Колинхои абрешимй ва пашмй... пахну фарш карданд..», ё ки: «Хидмати мекардагиашон хамин ки лосаву молидан аст» ва ё дар чои дигар: «Ва хамин ки шахе аз дар медарояд, ба хар ду хучра рох дорад». Ё ин ки дар чои дигар чунин менависад: «.. .се харами дарунбадарун вокеъ шуда...».

Бояд гуфт, ки як сифати бисёр чолиби кори Корй Рахматул­лохи Возех он аст, ки у монанди Ахмади Дониш калима, ибора ва истилохоти русиро хеле зиёд ба кор мебарад. Хднгоми исти- фода аз калимахою иборахо ва истилохоти чудогона, у аввал онро шарх медихад ва баъд муродифи онро зикр менамояд.

Чунончи: «Ва аробаи оташй, ки ба истилохи Русия «челиз» (железо, яъне железная дорога) ва «рейл» (калимаи англией ме­бошад) ва мошин (машина) хонанд».

Дигар ин ки Возех калима, иборахоро баъзан бе тарчума низ зикр менамояд. Дар ин маврид тарчума накардани калимахои овардаи у сабаб дорад, зеро дар ин маврид хамон калимаву иборахоеро зикр менамояд, ки онхо кайхо дар забони халкдои Осиёи Миёна ва ба хусус, гочикхо маъмуланд ва аз ин ру, у онхоро бе тагйироти тарчумавй зикр менамояд: устал-стул, физик-физика, тилгироф-телеграф ва гайра.

320

Давраи Цорй Рах,матулло\и Возех, бо назардошти даврахои насри форсй-точикй, насри давраи бозгашти адабй аст, ки бо максади содагардонй то андозае лугату иборахои арабй дар за­бони ин давра, албатта, бо таъсири Мадраса хеле зиёд мебо­шад. Ачоиб он аст, ки Возех гуё истисно бошад, зеро баъзе чум- лахои у ба фахми хонандаи имруза хеле наздик аст. Нависанда хангоми тасвири вокеахо, х,одисахо, чойхои таърихй, сухбатхо бо мардуми дигар хеле оддй суханварй менамояд. Вай сайъ мекунад, ки баёнаш нисбатан оддиву сода ва оммафахм бошад, то хонанда бе ягон душворй аз максади вай огох шавад. Чу­нончи, ба ин тасвири хурдакаку муъчази у зе^н монед: «Дар пешгохи ин Мадраса ба тарзи хонакох чои намоз таъбия (чой додан) намудаанд, ки бе муболша, агар касе ба болои он назар кунад, кулоху дастораш аз сараш меафтад».

Аз тарафи дигар, нависанда аз санъатхои бадей хеле мохи- рона кор мегирад. Ин албатта, бо он максад аст, ки таваччух ва диккати хонандаро ба худ чалб намояд ва хонанда монда нашуда асарро то ба охир мутолиа кунад. Чунончи, хдм м ом и шахри Истамбулро ба тасвир гирифта равшании дохили онро хеле чолиб ба калам медихад: «Ва дар равшанй то ба хаддест, ки агар сузане дар як тарафи хонае афтода бошад, аз ин тарафи дигар, дида мешавад» ва гайра.

«Савоне\-ул-масолик»-и Возех ба чуз ахамиятхои дар боло зикргардида боз аз он чихат низ мухим аст, ки нависанда, пеш аз хама суннати гузаштагонро таквияг бахшидааст. Мо медонем, ки дар таърихи адабиёти точик аввалин асари сафарй ва ё са- фарномаи нахустини насрй ба шоир, нависанда, файласуф ва му- тафаккири садаи XI Хаким Абумуъинуддин Носири Хусрави Кубодиёнй тааллук дорад ва асари у «Сафарнома» ном дошта, хосили сафархои хафтсолаи мутафаккирро дарбар мегирад. Во- кеан, нахустин сафарномаи манзум бошад, каме баъдтар аз та­рафи шоири тавонои асри XII Афзалуддин Бадил Хоконии Шар- вонй руи кор омадааст, ки он «Тухфат-ул-Ирокайн» ном дорад. Суннати мазкур сонитар бо шаклу намудхои дигар низ ба назар мерасад ва хатто «Гулистон»-у «Бустон»-и Ш айх Саъдии Ше­розй то андозае асархои саргузаштй низ мебошанд ва гайра.

Возех дар ин давра суннати мазкурро аз нав эхё намуда, идома дод ва тозакорихои хеле зиёду назаррас намуд. Ба гайр аз ин, «Са- вонех-ул-масолик» боз аз он чихат пурарзиш аст, ки у зимни сайру

321

саёхатхо ва чамъ намудани хотироти сафарй дар бораи ашъори баъзе аз муосирону шуарои дигар бо ягон сабабу бахонае ручуъ намудааст ва аз ашъори шуаро порахои шеърй меорад. Аз чумла, дар асари Возех 130 байт (260 мисраъ) оварда шудааст ва ё ин ки дар ин асари сафарй се хикоят низ зикр карда мешавад.

Бояд гуфт, ки «Савонех-ул-масолик» намунаи бехтарини нас­ри адабй-бадеии нимаи дуюми асри XIX буда, барои рушди асархои сафарномавй мусоидат низ намудааст.

Умуман, «Савонех-ул-масолик» дар рушду инкишофи каломи бадеъ, насри адабй ва адабиёти нимаи дуюми асри XIX макоми арзанда дорад.

МАЗМУНИ МУХТАСАРИ «КОНИ ЛАЗЗАТ В А ХОНИ НЕЪМАТ»

Ин асарро Корй Рахматуллохи Возех солхои 1880-81 таълиф кардааст. Асар аз ду чилд иборат буда, дорой мукад дима, ду мат­лаб ва хотима мебошад. Мукаддима ва матлаби якум дар чилди якум, матлаби дуюм ва хотима дар чилди ду чой дода шудааст.

Дар мукаддима оид ба 18 навъи нон, дар матлаби якум, ки аз 22 боб иборат аст, оид ба 109 навъи таъом маълумот медихад. Дар матлаби дуюм, ки аз бист боб иборат мебошад, оид ба 169 навъи халво маълумот додааст.

Маълум аст, ки дар ин соха асархои зиёде навишта шуда­аст. Аз чумла: «Карободини Кодирй», «Захираи Хоразмшохй», «Тухфат-ул-муъминин», «Амал-ус-солихин», «Кдрободини ка- бир», «Матлаъ-ул-улум», «Иксири аъзам», «Махзан-ул-адвия», «Тарёки имомй», «Ганчи шоикон», «Лаззат-ул-висол» ва гайра. Соли 1434 Абуисхок Халлочи Атъимаи Шерозй «Канз-ул-иш- тихо» ном девоне мураттаб сохт, ки он аз газалхо оид ба навъхои гуногуни хурокхоро дарбар мегирад. Вале асари Корй Рахма­туллохи Возех арзишмандтар аст, зеро дар ин рисола хусусият­хои таому таркиби онхо ва усули тайёр намудани онхо хеле ба тафсил баён карда мешавад. Муаллифи асар навъхои таъом, аснофи халвою мураббо ва гайраро бо тартиби алифбои арабй зикр намуда, ба он бобхо чунин номгузорй менамояд. Масалан, «Боби алиф», «Боби дол», «Боби син» ва гайра.

Дар матлаби аввали рисола аз чумла навъхои зерини онхо номбар карда мешавад: Иброхимия, оши анбарборис, оши угро,

322

олуболупалав, оши орд, оши ришта, анорпалав, бокилапалав, барро, барй, барии кашмирй, бурони чазар, исфаноч, бурони бодинчон, бурони хиёр, бурони морчуба, бовардй, бугро, буг- рои хиндй, бугрои анор, бугрои хоразмй, палав, яхнипалав, лук- мапалав, шибетпалав, палави сода, палави зард, палави курма, иалави ханонй, бурак, бахат, чамолпалав, чукпалав, чавозиба, чазария, чалов, чушира, рангинак, сумокия, учча, асида ва гайра.

Аз хама мухим он аст, ки «Кони лаззат ва хони неъмат» на факат нону ошхо ва ширинихои маъмули халкхои Осиёи Миёна, инчунин таъомхои машхури халкхои баъзе аз мамлакатхои берун аз Осиёи Миёнаро низ дарбар мегирад. Муаллифи асар инро мав- риди баён сохтани таркиби аксари онхо махсус кайд карда мегу- зарад. Чунончи: «Барро (як навъи таъом дар Хиндустон) аз агзияи (гизои) ахли Хинд аст». Ё ин ки: «Бурони хиёр (номи хурок). Ин таъомро дар Язд мепазанд». Ё худ: «Бурони бодинчон (номи таъ­ом) - ин хурокро дар Шероз мепазанд» ва монанди инхо.

Метавон таъкид намуд, ки «Кони лаззат ва хони неъмат» беш­тар таъому ширинихои дар байни мардумони Осиёи Миёна, Х о­разм, дар баъзе шахрхои Хиндустон, Эрон, Афгонистон, Тур- кия ва Арабистон машхурро фаро мегирад. Хусусан, кисми зи- ёди навъхои нону таъом, халвою мураббо, ки дар асар омада- анд, миёни халкхои Бухоро, Хучанд, Самарканд, Кулоб, Куканд ва дигар чойхо маъмуланд. Аз чумла: нони ширмол, нони кумоч, нони варакй, нони нахудй, нони сагак, нони тафтон, палов, шурбо, кавурма, кабоб, куфта, ширбиринч, дулма, оши орд, оши софй, оши ришта, тушбера, оши угро, бокилапалов, шавла, ки- чирй, халвой тар, халвой ордй, халвой кунчит, халвой лавзй, халвой ш акархамир, халвой ангур, халвой писта, халвой со- бунй, халвой магзй, мураббои олуча, мураббои пусти тарбуз, мураббои сабзй, мураббои бихй, мураббои тут, мураббои рай- хон, мураббои амруд ва гайра дар шахрхои номбаршуда басо серистифода машхуранд.

Мухим он аст, ки Возех дар асари худ хусусиятхои шифобах- шии таъомхо ва таркиби кимиёвии таъомхо, усули тайёр наму- дани онхоро хеле хуб баён мекунад. Барои намуна метавон чанд навъи хуроквориро тибки тасвиру баёни Возех зикр намуд.

Нони бодомй. Нонест бисёр латифу лазиз ва мукаввии меъ- да. Бигиранд магзи бодом ним-то, равгани зард - ду дирам, са- федии байзаи мург-як адад ва пусти магзи бодомро дар об тар

323

карда чудо намоянд ва ба офтоб хушк созанд, то таровати об зоил шавад, он гох, бориксудаи наботро дар андак об шира ка- шида, бодоми сударо дар он биандозанд ва ба дегча карда бар сари оташи зугол, яъне ангишт ниханд ва ба кафча лат кунанд, чун кариб ба бастагй расад, сафедй ва равганро чун бо хам омехта дар он биандозанд, чун пухта шавад, баранд ба болои когаз. Аз он нонхои борик ба тарзи нони хитой сохта бар сари хони биринчй ё мис чудо-чудо баркашанд ва оташи ангишт дар зери хон ба болои хон хар чахор тараф ба андак фосила бигзо- ранд ва чун ба сурхй дарояд, пухта шуда бошад, аз оташ бар- доранд ва ба кор бароранд».

Ё ин ки дар чои дигар оид ба омода намудани мураббои олу- ча мегуяд: «... Галабаи сафро биншонад ва ташнагиро сокин гардонад. Бигиранд олучаи султонй хар кадар ки хоханд ва дар деги сангй кунанд ва ду-се чуш дода фуруд гиранд, дигарбора бо асал ё канд, ё шакар табх (киём) намоянд» ва гайра.

Умуман, асари насрие, ки оид ба навъхои таъом ва хурокво- рихо то ба ин дарача маълумоти хаматарафа медода бошад, нест. Илова бар ин, дар асар аз пешрафту инкишофи маданияти моддй-маъишии халкй точик дар даврони муайян шаходат ме­дихад. Аз суи дигар, ахамияти асар боз дар он аст, ки ин хусу- сияти шифобахшии хурокхо баён карда мешавад, ки арзиши тиббй доштани онро нишон медихад.

«АКОИД-УН-НИСО» ВА МАЗМУНУ МУНДАРИЧАИ ОН

Соли таълифи асар зикр нашудааст ва аз ишорахои муал­лиф пайдост, ки он пеш аз «Кони лаззат ва хони неъмат» эчод карда шудааст. Муаллиф ин асарашро «...мухтасарест дар ба­ёни ахволу афъоли занон» мегуяд.

«Акоид-ун-нисо» аз нигохи сохтор низ чолиб буда, дорой му­каддима ва 16 боби хурд-хурд мебошад.

Дар мукаддимаи рисола муаллиф панч нафар занони обру- манди замонро ном мебарад. Онхо: Бибишох Зайнаб, БибихолиЧ,уйборй, Бибимочони Базморо, Хола Панир, Бибикалмоки Ол- лохгуй мебошанд. Муаллиф ин бибихоро аз «уламову фукахои замони худ» ном бурда, кайд мекунад, ки: «...хар зане, ки хило- фи фармудаи эшон кунад, гунахкори азим бошад».

325

да, асосан акидахои 5 тан занони «уламо»-и давр мебошад.Асар мачмун урфу одат, тафаккуру чахонбинии занони та­

бакаи муайяни чамъияти онвактаи Бухорост, ки аз тарафи Возех мушохида карда шудааст. Аз тарафи дигар, мо муоинаи та- бакахои ичтимоии чамъияти хамонрузаи Бухоро ва ба хусус, авзои занон ва макоми онхоро дар оила ва чамъият мебинем.

САВОЛ ВА СУПОРИШ ХО

1. Овони ч а в о н й ва тахрили илм кардани Кррй Рах,матуллох,и Возех, чй гуна сурат гирифтааст?2. Возех, кай ба дарбор рох, ёфтааст?3. Сабабхри хидмати дарборро тарк кардани Возех, чист?4. Поёни умри Кррй Рах,матуллох,и Возех, чй гуна гузаштааст?5. Мероси илмию адабии Возехро номбар кунед.6. Сабаби таълифи асари «Савонех,-ул-масолик»-и Возех, чй буд?7. Мазмуну мух,тавои «Савонех,-ул-масолик»-и Возех, аз чй ибо­рат аст?8. Возех, дар ин асараш кадом андешахри пешкрдамро таргиб намудааст?9. Возех, дар «Савонех,-ул-масолик» бештар ба кадом масъа- лахр ру овардааст?10. Сафархри Возех, ба чахрнибинии у чй гуна таъсир бахши- дааст?11. Мазмуни мухтасари «Кони лаззат ва хони неъмат» - ронакр кунед.12. Дар «Кони лаззат ва хони неъмат» кадом навъхри таъом шарх,у тавзех, дода шудаанд?13. Истифодаи истехролоту таъбироти хуроквориро дар аса­ри «Кони лаззат ва хони неъмат » шарх, дихрд.14. Сохт ва мундаричаи «Акрид-ун-нисо»-ро баён кунед.15. Возех, дар «Акрид-ун-нисо» бештар ба кадом масъалахр диктат додааст?16. Ах,амияти илмию маърифатии «Ак,оид-ун-нисо»-ро фах,мо- нед.

326

РУЙХАТИ АДАБИЁТ

Асрхои XVI - XVIII

I.1. Соиби Табрезй - Мунтахабот. Душанбе: Адиб. 1980.

II.1. Маъсумй Н. - «Адабиёти точик дар асри XVII ва нимаи аввали асри XIX», Душанбе. 1962.2. Мирзоев А. - Из истории литературных связей Мовароуннахра и Индии во второй половине XVI начале XVII вв. М.,1963.3. Саъдиев С.-« Адабиёти точик дар асри XVII». Душанбе: Дониш. 1985.4. Тоиров У., Солехрв М. - Соиби Табрезй-Маърифат, 2004, №7-8, с. 19-25.

Асрх,ои XVIII - XIX

I.1. К,орй Рахматуллохи Возех; - Гулшани адаб, Душанбе, Адиб, 1976.2. Абдулкодирхочаи Савдо - Ашъори мунтахаб. Сталинобод. 1958.

II.1. Амиркулов С. - Тах,аввули адабиёти точик дар нимаи якуми асри XIX. Душанбе. 1997.2. Неъматзода Т. - «Возех,». Душанбе. 1967.3. Рачабов 3. - «Маорифпарвар-Ах,мади Дониш». Душанбе. 1964.4. %одизода Р. Каримов У. ва Саъдиев С.«Адабиёти точик». Асрх,ои XVI-XIX ва ибтидои асри XX, Душанбе: Ма- ориф. 1988.Энсиклопедияи адабиёт ва санъати точик. ч-З, - Душанбе. 2004.

327

М У Н Д А Р И 4 А

МУКАДДИМААдабиёт ва мавзуи бах,си о н .................................................................... 3

АДАБИЁТИ ТОЧИК ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XVI ВА АСРИ XVII

Вазъияти сиёсии Осиёи Миёна ваЭрон дар нимаи дуюми асри X V I................................................ .. 11Ташкили давлати Темуриёни ХИНД .......................................................12Авзои фарх,ангй ва адабй....................................................................... 13Тазкира ва тазкиранависон...................................................................14Анвоъи шеър дар адабиёти аерхри XVI ва X V II............................... 18

АБДУРРАХМОНИ МУШ ФИК.Й ............................................................ 26

Мероси адабии М уш ф ик^......................................................................29Маснавии «Гулзори Ирам»....................................................................39Хусусиятхри достон..................................................................................43

ШАВКАТИ Б У ХО РО Й .......................................................................... 46Эчодиёти Шавкати Бухорой.................................................................. 47Кофия ва радиф ...................................................................................... 56

САЙИДОИ Н А С А Ф Й ............................................................................. 63Тарчумаи х,ол............................................................................................63Мероси адабии Сайидо..........................................................................67Мавзуъ ва мундаричаи газалиёти Сайидо.........................................67Инъикоси замон, ваъзияти сиёсй-ичтимой дар газалиёти Сайидо.. 69Андешах,ои пандуахлок,ии Сайидо.......................................................73Мусамматхри Сайидо............................................................................. 75«Ша)фошуб»-и Сайидо ва сохтори он, тасвирихунармандон дар ин асар ......................................................................79Мазмуну мундаричаи шеърхри ба хунармандон бахшидаи Сайидо .80«Бах,ориёт»-и Сайидо - сохтор, мазмун ва мундаричаи о н .............84Пояи шоирии Сайидо..............................................................................88

СОИБИ ТАБРЕЗЙ ................................................................................. 91Эчодиёти Соиби Табрезй............................................... .......................93Мавзуъхри асосии газалиёту мусамматхри Соиби Табрезй...........94Услуб ва сабки баёни С оиб.................................................................105Соиб ва шуарои дигари муосиру минбаъда......................................107

328

ХАРФИ РАВИ ВА КОФИЯИ МУКАЙЯДУ М УТЛАК........................ 109

БЕДИЛИ Д Е Х /1А В Й ............................................................................................116Х,аёт ва эчодиёти Бедили Дехлавй....................................................116Куллиёти Бедил..................................................................................... 119Асархри насрии Бедил......................................................................... 121Таркиби девони Бедили Дехлавй...................................................... 124Тахсили газалиёти Бедили Дехлавй................................................. 124Достони «Комде ва Мадан»-и Бедили Дехлавй..............................134Образх,ои асосии достон......................................................................137Чахрнбинй ва ак,идах,ои ичтимой-ахлок,ии Бедил........................... 138Услуб ва хусусиятхри бадеии ашъори Бедил................................. 144Таъсири эчодиёти Бедил ба адабиёти тоник.................................. 147

АДАБИЁТИ АСРИ XVIII ВА НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XIXВазъияти сиёсии Осиёи М иёна.......................................................... 150Хавза ва марказхри адабй.................................................................. 153

МИРЗОСОДИЦИ М У Н Ш Й ....................................................................165Мероси адабии Мирзосодик,................................................................167Мавзуъ ва мазмуни газалиёти шоир...................................................167Маснавии «Дахмаи шохрн»................................................................. 172

Ч,УНАЙДУ ПЛОХОЙ Х,ОЗИК,.................................................................. 176Мероси адабии Чунайдуллох,и Хозик,................................................180«Девони газалиёт»-и Хозик,.................................................................. 180Достони «Юсуф ва Зулайхо»...............................................................183Тахсили достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Хозик,...............................184Образхри достон....................................................................................187

КОФИЯИ МУТЛАК ВА ХАРФХОИ О Н .............................................. 192

ГУ ЛХ А Н Й ..............................................................................................197Мероси адабии Гулханй........................................................................198«Зарбумасал»: мавзуъ ва мазмуну мух,тавои о н ............................. 202

Ц О О Н Й .................................................................................................205Мероси адабии Коонй...........................................................................206Хунари Коонй дар к,асидасарой..........................................................207Мавзуъ ва мазмуни асари насрии Коонй - «Парешон».................. 210АДАБИЁТИ НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIXВазъияти сиёсии Осиёи М иёна.......................................................... 214Вазъияти илму фараднг.......................................................................215

329

Вазъияти адабиёт дар нимаи дуюми асри X IX ............................... 216Адабиёти дарборй ва хусусиятхои о н ...............................................222

САДОНОКХОИ КУТОХ (ХАРАКАТХО) ДАР КОФИЯ..................... 227

АХМАДИ ДОНИШ.................................................................................235Мероси адабй ва илмии Ах,мади Дониш .......................................... 238Асарх,ои илмии Ах,мади Дониш ............................................................239Сохт ва мундаричаи «Наводир-ул-вак,оеъ»....................................241«Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанатихонадони Мангития» ва мазмуни мухтасари о н ............................. 255Ах,мади Дониш ва маорифпарварони дигар..................................... 258

САВДО..................................................................................................261Эчодиёти Савдо......................................................................................262Мавзуъ ва мундаричаи «Музх,икот».................................................. 269

НАВЪХ,ОИ ЦОФИЯ..............................................................................271

АНВОЪИ КОФИЯ БО ХУРУФИХУРУЧ, МАЗИД ВА НОЙИРА..............................................................276

ШАМСУДЦИН ШОХ^Н........................................................................283Мероси адабии Шох,ин......................................................................... 288Газалиёти Шох,ин...................................................................................288Достони «Лайлй ва Мачнун» ва мазмуни мухтасари о н ...............297Тахсил и образхри достон....................................................................300Достони «Лайлй ва Мачнун»-и Шох,ин ва муносибатион бо баъзе достонх,ои х,амноми гузаштагонаш............................. 300Мундаричаи «Бадоеъ-ус-саноеъ» ва гузоришимасъалахри ичтимой дар он ..............................................................302Мазмуни манзумаи «Тухфаи дустон»................................................ 307Хусусиятхри бадеии ашъори Шамсудцин Шох,ин...........................309

МУХ/\ММАДСИДДИК,И Х^ЙРА Т .........................................................312Мероси адабии Х а й р а т ....................................................................... 313

К,ОРЙ РАХ№АТУЛЛОХ,И ВОЗЕХ,........................................................313Мероси адабии Возех,........................................................................ 322«Савонех,-ул-масолик ва фаросих-ул-мамолик».......................... 323Мазмуни мухтасари «Кони лаззат ва хони неъмат»......................327«Ак,оид-ун-нисо» ва мазмуну мундаричаи о н ..................................329

РУЙХАТИ АДАБИЁТ.........................................................................360

330

Тоиров У., Солехрв М., Ш арифов Р.

АДАБИЁТИ ТОЧИККитоби д арсй барои синф и 10 - ум

Гурухи нашрй:

Муцарризон:Абдуманнон НАСРИДДИНОВ,доктори илми филология, профессор.Аъламхон КУЧАРОВ,доктори илми филология, профессор.Абдулхай М АХМАДАМИ НОВ,доктори илми филология, профессор.Аъзам ХУДОЙДОДОВ,номзади илми филология, дотсент.Вафо ЭЛБОЙЗОДА, номзади илми филология.Мух,аббат МУСОЕВ,муаллими забон ва адабиёти мактаби миёнаи раками 3 нох,ияи Файзобод.Хайрулло ЗИКИРОВ,муаллими забон ва адабиёти мактаби миёнаи раками 37 нох,ияи Файзобод.

Мух,аррир номзади илмх,ои филологй Мухриддин Низомов

Мух,аррири техники, сах,ифабанд ва дизайнер ИмомалО Зокиров

Ба чопаш 17.06.2011 имзо шуд. Андозаи кргаз 60x90 1/16. Когази офсетй.

Гарнитураи «Times New Roman Tj». Чопи офсетй. Хачмаш 21 чузъи чопии аслй.

Адади нашр 60000.