368
Мирзоди Маони, Суннатуллохи Давлатзода АДАБИЕТИ ТОНИК китоби дарсй барои симфи 9 Хайат и мушовараи Вазорати маорифи Чумхурии Тоцикистон 6а чоп таесия кардааст Душанбе 2009 «Мавлавй»

АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

  • Upload
    others

  • View
    123

  • Download
    4

Embed Size (px)

Citation preview

Page 1: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Мирзоди Маони, Суннатуллохи Давлатзода

АДАБИЕТИ ТОНИКкитоби дарсй барои симфи

9

Хайат и мушовараи Вазорати маорифи Чумхурии Тоцикистон

6а чоп таесия кардааст

Душанбе 2009 «Мавлавй»

Page 2: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ББК 83.3(2) тоник Я 72 М 65

Туйчй Мирзод, Суннатуллохи ДавлатзодаАдабиёти точ,ик, кигоби дарсй барои синфи 9. Душанбе, Мавлавй, соли 2009,368 сахифа

Истифодаи китоб

№ Ному насаби хонанда

Синф Солихониш

Х,олати китоб (бахои китобдор)Аввали

СОЛОхири

СОЛ

12345

Муаллимони мухтарам!Хохишмандем, фикру мулохизахои худро оид ба мазмуни

китоби мазкур ба нишонии 734024, ш.Душанбе, кучаи Айнй 45, Академияи гахсилоти Точикисгон ирсол намоед.

ISBN 978-99947-77-50-1

© Мирзоди Маонй © «Мавлавй»

Page 3: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

МУ РОНИAT БА ХОНАНДАИ КИТОБ

Дусти чавони ман. Бидон ва огох, бош, ки китоб дар радифи Модар ва Ватан арзандатарин мукдддасот ба хисоб меравад. Тамоми бузургон, донишмандон ва хирадмандони гузаштаву муосир китобро яке аз бехтарин арзишх,ои зиндагй дониста, онро «аниси кунчи т а н х ,о й » ва «фуруги субхи доной» пиндоштаанд.

Китобе, ки дар даст доред, бо захмати нихоят зиёд аз чои баромадааст. То дар ин шакли нихоят зебо ва мазмуни баланд ба дасти Шумо расидан муаллифон, хуруфчинон, рассомон, сахифабандон ва ноширон ранчи бисёре кашидаанд, маблаги зиёде сарф кардаанд. Бинобар ин, ба кадри мехнати онхо расидан камоли боодобист. Китобро азизу мукаддас донед, чун гавхараки чашм онро эхтиёт намоед. Китобро бо шавку завки б еан до за м утолиа созед, аз м ун дари чаи он донишатонро афзун гардонед ва бомаърифату сохибхирад шавед!

Бидонед, ки китобхониву китобдустй инсонро хатман ба куллаи мурод мерасонад, мартабаашро дар чамъият баланд мебардорад, уро химматбаланду кадршинос мегардонад. Эхтиром ба Ватан, ифтихор бо Точикистони азиз, дуст доштани хар гушаву канори он аз дуруст мутолиа кардани китоб ва азбар кардани мазмуни матнхои он ба даст меояд.

Ба Ш умо, дусти чавон и м ан, д ар рохи ом узиш , азхуднамоии арзиш хои бузурги инсонй муваффакиятхо таманно дорам.

Бо эхтиромПрезидента Ч,умх,урии

Точикистон

3

Page 4: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ШОГИРДИ АЗИЗ!

Китобе, ки х,оло дар даст дорй, гулбоги адаб аст. Ба он ворид шав, раста-раста гулгаштхо ва гулхои тару тозаро мебинй.

Аз растай гулгаштхо шитобон магзар, бо андешаву фаросат таваккуф намо, пас по гузор. Хдргиз аз ин гулистон дасти холй, бе гулдаста набаро! Дастаи гуле барои рузгори ояндаат гир! Вай дар шохрохи х,аёт бароят хамчун машъал рахнамо, рухбардору мададгор хохад гашт.

К итобатро хор мадор! Ифлос макун, варакхояш ро надаррон! Зеро вай дусти чонй, дусти беминнати туст. Бесабаб нест, ки Абдуррахмони Ч,омй китобро аз хамаи сарвату бойигарихо боло гузоштааст. Сухани Ч,омии бузургро дар хотир дор ва харгиз фаромуш накун:

Хуштар зи китоб дар цсщон ёре нест,Дар гамкадаи замона гамхоре нест!Хар лахза аз у ба гушаи танкой Сад ропате х,асту х,аргиз озоре нест.

Хонандаи азиз, дар синфи VIII бо хаёту зиндагии бузургони адаб устод Рудакй, Фирдавсй, Абуалй ибни Сино, Носири Хусрав, У мари Хайём, Низомии Ганчавй ва дигарон шинос шудй, асархои човидонаи онхоро омухтй. Акнун, дар синфи IX, бо хаёту эчодиёти пурбаракати адибони сохибистеъдоди асрхои XIII-XVI шинос мешавй.

Осори човидонаи Саъдии Шерозй, Мавлоно Чдлолиддини Балхй (Румй), Хусрави Дехлавй, Сайфи Фаргонй, Шамсидцин Мухаммад Хофизи Шерозй, Камоли Хучандй, Убайди Зоконй, Ибни Ямин. Мухаммад Авфии Бухорой, Зиёвиддини Нахшабй, Сайфи Ф аргонй, Абдурахмони Ч,омй, Алишери Н авой, Камолидцини Биной. Бадриддини Хилолй, Зайниддин Махмуди Восифй бароят дари ганчинаи маърифатро мекушояд. Аз ин ру, ин ганчи хирад, ин хазинаи хираду маъриф атро дакикназарона омуз, то ки дар зиндагй мавкеъ ёбй ва ба халку Ватан содикона хизмат кунй, худшиносу худогох шавй, то санъати волои сухангустариро омузй. Ба ин восита аз рузгори ачдод, орзуву омоли онон бехтар ва бештар бархурдор гардй.

4

Page 5: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

АДАБИЁТИ АСРХ.ОИ XIII-XIV Х,аёти сиёсй.

Асрхои XIII ва XIV дар таърихи халкхои Осиёи Марказй, Эрон, Осиёи Хурд як давраи ноором ва фалокатбор махсуб мешуд. Саркардаи мугулон Чингизхон (1155-1227) кабилахои парокандаи мугулро ба хам муттахид намуд ва дар нимаи аввали асри XIII нахуст Хитойро гирифт ва сииас ба Осиёи Марказй хучум кард. Чингизхон дар таърихи башарият хунхортарин, чаллодтарин ва госибтарин сарлашкар гузаштааст. У бо лашкараш соли 1219 6а сарзамини бихиштосои Мовароуннахр ва Хуросон хамла кард. Дар китобхои таърихии хамон аср таърихнигорон дар бораи хучуми баркосои ин котили гузаро маълумот додаанд. ХамДУлл°х.и Муставфй дар «Таърихи гузида» овардааст: «Харобй ва катли оми мугулхо чунон аст, ки агар хазор сол пас фочиае рух надихад хам, чахон ба холати neui аз он бар нахохад гашт».

Катли ом дар шахрхои сера^олии Самарканд, Бухоро, Тирмиз, Балх, Марв, Нисо, Нишопур, Сабзавор, Рай, Казвин, Хамадон, Гурганч, Хоразм ва кишварх,ои Русия, Кдфкоз, Сурия, Хиндустон анчом шуд. Кору рафтори чингизиёнро Атомалик Чувайнй, Ёкути Хамавй дар асархои худ вокей ба калам додаанд.

Амалиёти вахшиёнаи Чингизро Темури ланг (1336-1405) давом дод. Темур хам аз кабилаи мугулии барлос ба дунё омада, бо котиливу хунхории худ машху'ри дунё гардид ва номаш дар таърих бо хатти сиёх сабт ёфт. Нахуст Темур сарвари дуздону авбошон гардид ва раия гро мекушту молу сарват чамъ мекард. У дар яке аз ин задухурдхо дар Сиистон аз дасту по захм бардошт. Дасти хунхораш сихат ёфту пояш ланг гардид ва хдмин тавр халк калимаи «ланг»-ро ба номаш лоик донистанд ва пасон ин саркардаи хунхор бо номи Темури ланг машхур гардид. Чуноне ки таърихнигорон овардаанд, Темури ланг дар баъзе мавридхо аз Чингиз хам гузаронд ва дар хакки фарзанди инсон ва^шониятхои бемисл нишон дод. Нахуст вахшониятро аз Сиистон огоз кард. У шахрро ба харобазор табдил дод ва мардумро ба катл расонд.

Академик Б. Гафуров асархои таърихии гузаштагон ва

5

Page 6: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

хамасронашро омухта, дар бораи вахшонияти Темур дар китоби «Точикон» маълумоти пурарзиш додааст.

Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин асархои зиёди илмй ва адабй иншо шудаанд, ки дар бештарашон симои ин ду сарлашкар вокей ба калам дода шудааст.

Аз рафтору кирдори онхо хашму газаби раъият барафрухт. М ардони мардона барои хифзи диёр, истиклоли кишвар, саодати мардум ба по хестанд. Намунаи бехамтои ин муковиматхо кахрамонию чонфидоии мардуми Хучанд бо сарварии кахрамони халки точик Темурмалик мебошад. Темурмалик барои истиклоли диёр бо чингизиёни хунхор муборизаи шадид бурд, кахрамонии бемисл нишон дод ва окибат дар рохи озодй халок гардид. Дар ин бора устод Айнй асари нурарзиш е бо номи «Кахрамони халки точик - Темурмалик»-ро эчод кард, ки шумо дар синфи V онро мутолиа кардед ва аз мазмуни он огохед.

Оташи муборизахои озодихохй тамоман хомуш нагардид. Дар асрхои XIII ва XIV шуришхо дар Мовароуннахру Хуросон, Эрону Ирок гох-гох cap мезаданд. Аммо чй метавон кард, ки чаллодон - Чингизу Темур дасти тавонову лашкари чаррори бешумор доштанд.

Х,аёти илмй ва маданйБо сабабхои маълум, яъне истило ва куштори лашкари

Чингизиёну Темуриён водихои зархезу хосилхези Мовароуннахр, Хуросон, Эрон, богу бустон, кишту зироати мардум зарари калоне дид. Шахрхову дехахои сернуфузу обод ба хок яксон гардиданд. Масочиду мадорис оташ гирифт. Ахли илму адаб ба кишвархои дигар чилои ватан карданд. Як кием дар Ваган монда, дар куштор ва катли оми ахолии шахрхо чон ба Хак супориданд. Файласуф ва шоири тавоно Шайх Аттори Нишопурй аз дасти мугулон ба катл расид. Азбаски Чингизиён аз ахли савод набуданд, пас аз фатхи Мовароуннахру Хуросон, Эрону Х,индустон ва дигар кишвархо барои ободии кишвар ва ривочу равнаки илму фарханг накушиданд, саъю талош наварзиданд. Барои онхо фарк надошт, ки ин шахе олим аст ё золим. Бо вучуди ин дар охирхои салтанати Темур

6

Page 7: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Мовароуннахр, аз чумла шахрхои Самарканд, Шахри Сабз, Бухоро обод гардид, Темур барои обод кардани ин шахрхо садхо шахру дехоти дигарро вайрону валангор карда, ахли хунарро овард ва дар Самарканд масочиду мадорис ва кушкхои осмонбус бунёд кард.

Х,аёти илмй дар ин асрхо бештар дар Эрон, Туркия, Х,инд ва баъдтар дар Самарканду Бухоро хам ривоч ёфт. Махсусан илми таърихнигорй хеле пеш рафт. Темури Ланг ба хар кишваре, ки лаш кар мекашид, таърихнигорон ва дигар намояндагони илму адаб хамболаш буданд.

Онхо хоху нохох музаффариягхои Темур, куштор, катлу горати ин сарлашкари мутаассибро мадху ситоиш мекарданд. Яке аз хамин гуна таърихнигорон Низомиддини Шомй буд. У дар асари худ «Зафарномаи Темурй» хунхориву чаллодии Темурро васфу ситоиш кардааст. Низомудцин пас аз марги Темур соли 1404 вафот кардааст. Инчунин, асархои таърихии Рашидуддини Фазлуллох «Ч,омеъуттаворих», АтомаликиЧ ,у в ай н й «Таърихи чахонкушой», Х,амдуллохи Муставфй «Таърихи гузида», Шахобуддин Вассофи Шерозй «Таърихи Вассоф» ва гайра нигошта шудаанд. Таърихнигорон низ аз назари худ ба ходисоту вокеъоти ин асрхо ва ин ду хонадони хунрези чаллод бахо додаанд.

Дар ин асрхо илмхои риёзиёт, фалсафа, нучум, хандаса ва тиб ривоч ёфтанд. А сархои Н асириддини Туей, Хоча Афзалуддиии Кошонй, Кутбиддини Ш ерозй, Шамсиддин М ухаммади Омулй, А булкодири М арогй, Начмиддини Самаркандй, Ибни Нафиси Кдршигй ва дигарон чароги илму ирфонро дар ин асрхо фурузон нигох доштанд. Вале бо камоли боварй метавон гуфт, ки дар пешрафти илму адаби ин асрхо хизмати Насридцини Туей хеле зиёд аст. У дар Шероз мактаби хешро ташкил ва сарварй намуд. Уламои илмхои дакик кулли илмхоро таксимбандй намудаанд. Аз чумла Насриддини Туей дар асари худ «Аксомулхикмат» илми хикматро ба 45 бахш кисмат намудааст. Асархои дигари у оид ба илмхои калом, фалсафа, нучум, ахлок, адаб буда, аз дониши васеи ин олими забардаст гувохй медиханд.

Дар илми мусикй ва ба меъёр овардани 12 маком хизмати олимони мусикашинос: Сайфиддини Балхй, Яхё ибни Ахмади

7

Page 8: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Кошй, Шамсидцини Омули, Абулкодири Марогиро ёд кардан шоиста мебошад.

Илмхои сегонаи адаб низ дар ин асрхо хеле пеш рафтанд. Ба хусус асархои Насриддини Туей, Сирочидцини Хоразмй, Чалолуддини Хатиби Казвинй, Саъдуддини Тафтозонй ва Шамси Кайси Розй пурмухтаво буда, бисёр масъалахои мухимро халлу фасл намудаанд. Танхо ёд кардани «Алмучам»- и Шамси Кдйси Розй кофист. Шамси Кайс асархои арузиёни пешин ва илми кофияву саноеи адабиро омухта, мизони ягонаи илмии онхоро аник гардонд ва ба як маром овард. Ахамияти мухими ин асар боз дар он аст, ки бисёр шеърхои шоирони бузурги пешин танхо дар асари у бокй мондаанд. Инчунин Шамси Кайси Розй илми кофия, саноеъи бадей ва арузро аз нигохи мантикй халлу барраей намудааст.

Илми ахлок низ дар ин асрхо пойдор монд. Ба хусус «Ахлоки Носирй»-и Насриддини Туей, «Захоирулмулук»-и Сайидалии Хамадониро метавон ёд кард.

Илми фархангшиноей низ ранги тоза гирифт. Асари Абунасри Ф арохй «Нисоб-ус-сибён» барои ш огирдони макотибу мадорис иншо шуда, дар омухтани аруз, кофия ва саноеъи бадей ба толибилмон кумаки хуби амалй расонид. Л угатномахои «Сурохуллугат»-и Ч авхори Ф оробй, «Мухтасаруссаххоф»-и Зайниддини Розй, «Ш арафномаи мунирй»-и Иброхим Кавоми Фаррухй ва гайра иншо шудаанд.

ВАЗЪИ ХАЁТИ АДАБЙ ДАР ИН АСРХО

Вазъи адабй дар асри XIII ва ибтидои асри XIV чандон хуб набуд. Бисёр шоирону мутафаккирон: Начмиддини Самаркандй, Рашидуддини Камол, А ттори Нишопурй, Исмоили Исфахонй аз дасти сарбозони Чингиз ба катл расиданд. Кисми дигарашон, мисли Чалолиддини Балхй (Румй) ба Туркия, Сайфи Фаргонй, Носири Бухорой, Бадри Чочй, Авфии Бухорой ба ХИНД ва шахрхои Эрон рахти сафар бастанд. Аз хамин нигох доирахои адабй дар Хинду Эрон ва Туркия густариш ёфтанд ва адибони омада ин махфилхоро гарм намуданд. Саъдии Шерозй, Амир Хусрави Дехлавй, Хасани Дехлавй, Чалолиддини Балхй, Сайфи Фаргонй, Низории

8

Page 9: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Кухистонй, Убайди Зоконй, Хрчуи Кирмонй, Салмони Совачй, Ибни Ямини Фарюмадй, Камоли Хучандй ва Х,офизи Шерозй дар инкишофу тахдввули адабиёти асрхои XIII ва XIV хизмати боарзише кардаанд.

Албатта, шоироне, ки овораи Ватан шуда, гарибиро ихтиёр намуда буданд, лахзае бе ёди диёри азизашон набуданд. Барибй дарди чонкохе буд, ки хамеша азияташон медод. Онхо дар шеърхояшон ёди Ватан, ёди ёру дуст мекарданд. Масалан, Носири Бухорой дар як газал ёди Бухоро карда, аз боди сабо хохиш мекунад, ки салому паёми маро ба зодгохам Бухоро расон ва бигуй, ки дар гамаш зору нолонам. Дар ин маврид хешро ба Мачнуну Бухороро ба Лайлй, худро ба Фарходи Кухкану Бухороро ба Ширин ташбех кардааст.

Саломи ман бирасон, эй сабо, Бухороро,Бигу пищияти Мацнун диёри Лайлоро.Зи Ку^кан хабаре суи к,асри Ширин бар,Ки дил гирифта ба кух, он гариби тащоро.

Хамин тавр, шоири ширинбаён Камоли Хучандй рузгори хешро дар гарибй, дар шахри Табрези Эрон гузаронид. Ходисахои мудхиш имкон надоданд, ки шоир ба Ватан баргардад. Вале хамеша ёдаш ба Ватан буду дар шеърхояш ёди Ватан мекард.

Асосан, эчодиёти адибоне, ки дар боло ёд шудаанд, мазмуну мундаричаи гоявии адабиёти ин асрхоро ташкил медиханд. Вокеан, нависанда инъикоскунандаи ходисоту вокеоти замони худ аст. У харгиз ба ходисот бетараф шуда наметавонад. Аз хамин нуктаи назар, дар эчодиёти адибон, пеш аз хама, мавзуи Ватан, гарибй, зулму вахшонияти Чингизхону Темуриён макоми босазо доранд ва бо сад алам дарди хешро дар асархояшон иброз намудаанд. Дар ин мавзуъ Авхадии Марогй садои эътирозашро нисбати золимон баланд намуда, ононро ба адлу дод хидоят кардааст:

Зулмати зулм тира дорад рох,,Адл бояд цано^у к,алби сипох,.Хонаи золимо}! на дер, ки зуд,Ба фази^ат хароб хо.\ад буд.

9

Page 10: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Мардро зулм бехкан бошад,Адлу додаш хисори тан бошад.

Дар адабиёти асри XIII мавзуъхои ирфонй макоми хоса пайдо кард. Акнун намояндагони чараёни тасаввуф нисбати асрхои пешин амиктар ба адабиёти бадей ру оварданд. Албатта, ин падидаи пав дар адабиёт набуд, балки хануз чехрахои шинохтаи ин чараён Абдуллохи Ансорй, Абусаиди Абулхайр, Саноии Базнавй, Ахмади Ч,омй ва Шайх Аттори Нишопурй дар мавзуи тасаввуф асархои пурарзиш офарида буданд. Онхо андешахои ирфонии хешро бо либоси бадеият ороста, барои таблиг дар байни хосу ом пахн намудаанд. Ана хамин равия дар ин аср боз кувват пайдо кард ва дар эчодиёти Мавлоно Чдлолиддини Балхй (Румй) ва пайравони у вусъат ёфт, ки дар ин бора хангоми омухтани эчодиёти Мавлоно бештар таваккуф хохем кард.

НАМУД, ШАКЛ,НАВЪ ВА ЖАНРХОИ АДАБИ

Дар асрхои XIII ва XIV, яъне дар як давраи пурошубу фочиабор то андозае шамъи фархангу адаб фурузон буд ва дар кулли намуд, шакл, навъ ва жанрхои адабй нависандагон асар эчод кардаанд.

Дар ин давра баъзе жанрхои адабй нисбати асрхои пешин макоми хешро аз даст дода, теъдоди дигари навъхои адабй гановати бештар касб намудаанд.

КАСИДА. Жанри касида таърихи кухан дорад ва дар асрхои XIII ва XIV низ мавриди истифодаи адибон карор дошг. Вале он шукуху камолоте, ки дар асрхои пешин дошт, аз даст дод. Сабаби ин, пеш аз хама, дар он буд, ки вазъи замон, яъне хаёти сиёсй ноором, муташаннич буд. Мулк вайрону адибон сарсону саргардон ва дар гами чон буданд. Байр аз ин, дар кишвар мадхшаванда, яъне харидорони касида хеле кам буданд. Сеюм, дили адибон аз шохони бегона, хокимони лаббайгуй монда буд. Дигар онхоро мадх кардан намехостанд. Баъзе адибоне, ки касида гуфтаанд, ба хотири девонхои худ ин анъанаро давом доданд. Ба хар хол касидахои ахлокй, фалсафй, ичтимой дар эчодиёти адибони пешкадам Амир Хусрав, Хдсани Дехлавй,

10

Page 11: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Ахвадии Марогй, Хочуи Кирмонй, Саъдии Шерозй, Сайфи Фаргонй бештар ба назар мерасанд. Мавзуи касидахои онхо бештар панду андарз, мазаммати золимон, таърифу тавеифи илм ва ашхоси хунарманду хунарпарвар, наеихати шохону хокимон, таблиги о нон ба доду дихиш ва амсоли ин буд.

FA3AJI. Ин шакли шеьрй дар адабиёти асрхои XIII ва XIV макоми хоса дошт. Аз нигохи банду бает чун асрхои пешин бетагйир монд. Вале дар мазмуну мундаричаи гоявй андак тагйирот ворид гардид. Бештар мавзуъхои ирфонй ба газал ворид гардид. Таваччухи иамояидагони ин чараён ба газал зиёд буд ва андешахои ирфонии хешро бештар дар газал ифшо карданд.

Faftp аз ин, газалхое низ эчод шудаанд, ки бевосита дар бораи зиндагии кахрамони лирики мебошанд. Хамин тавр газалхои хасбихолй арзи вучуд намуданд. Чунончй ба ин газали Хочуи Кирмонй таваччух намоед:

Хуррам он руз, ки аз хиттаи Кирмон биравам,Дилу цон дода зи даст, аз пайи цонон биравам.Бо чунин дард надонам, ки чй дармон созам,Магар ин, к-аз пайи он мояи дармон биравам.Бонд ин цофила дар рох, ба киштй гузарад,Чу мани дилшуда бо дидаи гирён биравам ...Хамму Хочу гарам аз ганц насибе нади^анд,Рахт барбандаму з-ин манзили вайрон биравам.

РУБОИ. Рубой хам мисли газал дар хамин давра макоми хешро аз даст надод. Он хаваскор ва он шавкманде, ки ба шеъру шоирй мепардохт, нахуст аз эчоди рубой кори хешро огоз мекард, зеро ин жанри шеъри кутох ва барои баёни андеша осонтар ва сабуктар менамуд. Дигар, дар байни халки точик аз кадимулаём сурудани рубой ба хукми анъана даромада буд ва имруз хам давом дорад.

Аз тарафи дигар, барои ифшои холатхои рухй, вазъи зиндагй. баёни афкори ичтимоию сиёсй рубой созгортар махсуб мешуд. Сайфи Исфарангй дар рубоисарой табъи баланду калами расо доштааст:

11

Page 12: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Ранги шафак, аз акси рухи зарди ман аст,Боди сафари аз нафаси сарди ман аст.Дар чашми хушат. ки цони ман куштаи уст,Он сурхии хуни дили пурдарди ман аст.

Сирочиддини Кумрй дар ахди мугул рузгори нохуш дошт. Ин шоири хушзавк дар сурудани рубой табъи болидае дошт. Ба табъи болидаи у рубоии зер мисолест равшан:

Эй абри бах,ор, хор парвардаи туст,В-эй хор, даруни гунча хун кардаи туст.Гул сархушу лола маету наргис махмур,Эй боди сабо, ин х,сша овардаи туст.

Хамин тавр, дар эчодиёти адибони асрхои XIII ва XIV жанрхои мухаммас, китъа, тарчеъбанд, таркиббанд ба назар расиданд ва мавриди истифода карор доштанд. Ба хусус жанри достон ё маснавй инкишоф ёфт. Достон аз нигохи сохт ва устухонбандй чун асрхои пешин хамон тавр монда бошад хам, вале аз лихози мазмун ва мундаричаи гоявй тагйир ёфт. Мисоли барчастаи ин «Маснавии маънавй»-и Ч,алолиддини Балхй (Румй) шуда метавонад. «Маснавии маънавй» аз нигохи шакл, яъне кофиябандй (аа, бб, вв ва гайра) бетагйир мондааст. Аммо аз нигохи мазмун ва мухтаво фарк дорад.

Анъанаи достонсарой дар ин асрхо давом кард. Дар пайравии «Хамса»-и Низомии Ганчавй «Хамса»- хои дигар иншо шуданд. Амир Хусрави Дехлавй ба Низомии Ганчавй пайравй намуда, чанд «Хамса» офарид. Агар «Хамса»-и Низомй аз панч достони мустакил ибораг бошад, Хусрав се «Хамса» офарид ва микдори достонхоро се маротиба зиёд намуд. Яъне, ба чойи панч достон 15 достон эчод кард. Дар ин давра достонхои ахлокй, хамоей ва ишкй низ ба майдон омаданд. Масалан, Сохиби Шерозй дар бораи кахрамонию диловарии Кутбиддини Мубориз достоие офарид. Дар он муборизахои мардуми точику форсро ба мукобили истилогароии мугул, турку гузхо ва афгонхо, ки хамеша барои забти Эрон омода буданд, мавзуи достони хеш «Дафтари дилкушо» карор дод. Дар фасли охири достон муаллиф Абулкосим Фирдавсиро ситоиш намуда, ачнабиёни истилогар, аз чумла мугулхоро ба зери тозиёнаи

12

Page 13: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ганкид мегирад.Достонхои «Ч,оми Ч,ам»-и Авхадии Марогй, «Бустон»-и Саъдии Ш ерозй, «Фирок,нома» ва «Ч,амшеду Хуршед»-и Салмони Совачй, «Сух,батнома»-и Хайдари Шерозй асархои ишкй ва ахлокй буда, дар ин асрхо эчод шудаанд.

НАСР ВА МАВЗУЮ МУ^ТАВОИ ОН

Дар асрхои XIII ва XIV насри бадей макоми хешро аз даст надод. Вале бояд ёдовар шуд, ки дар асархои насрии ин давра забони арабй нуфузи зиёд пайдо кард, ки ин як хусусияти насри маснуъ аст ва махсули эчоди адибони хамин давр аст. Махз «Калила ва Димна»-ро Абулмаолй Насруллох бо хамин сабк тахрир кард. Дар он калимоту ибороти забони арабй фаровон истифода шуданд.

«Тутинома»-и Зиёи Н ахш абй, «Ч,омеъ-ул-хикоёт»-и Мухаммади Авфии Бухорой, «Гулистон»-и Саъдии Шерозй, «Ахлок-ул-аш роф», «Сад панд», «Рисолаи Дилкуш о», «Ришнома»-и Убайди Зоконй бо насри сода иншо гардидаанд. Мавзуи асархои ёдшуда панду андарз буда, масъалахои мухими тарбиявиро дар бар мегиранд. Хик°ёти дилнишин ва рангини адибон барои тарбияи худшиносй, ифтихори миллй, хисси ватандустии хонандагон ахамияти бузург дорад. Гузашта аз ин, асархо нигохдори умри абадии забони адабй хастанд. Инчуннн, ба воситаи чунин асархо забони мо рушду камол ёфт ва аз тундбоди хар гуна хаводиси рузгор бегазанд монд, ки мову шумо бо ин забон харф мезанем. Аз ин нигох хизмати адибони ин асрхо басо арзишманд аст.

13

Page 14: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

САВОЛ ВАСУПОРИШ1. Назари шумо нисбат ба кору кирдори Чингиз ва чингизиён чй аст?2. Оё онх,оро истилогар гуфтан равост?3. Темури Ланг аз кадом чихат ба Чингиз монандй дошт?4. Онхо бо якдигар чй муносибати хешу таборй доштанд?5. Ба чй хотир устод Айнй Хитлерро «Чингизи асри XX» номид?6. Хаёти иктисодй ва маданй чй гуна буд?7. Чингизиён кадом адибонро ба катл расонданд ва чаро?8. Дар бораи доираи адабии ин асрхо маълумот дихед.9.Чаро Темур Исфах,онро хароб карда, аз сари мардуми он (75 хазор) калламанора сохт?10. Дар бораи навъхои адабй маълумот дихдд.11. Чаро жанри касида тараккй накард?12. Мавзуи газал, рубой ва китъа аз чй иборат аст?13. Сабаби инкишоф ёфтани жанри газалро шумо дар чй мебинед?14. Дар газалиёти адибон кадом мавзуъхо бештар мавкеъ доштанд?15. Рубой ва китъа бештар дар кадом мавзуъхо суруда мешуданд?16. Мавзуъхои асосии адабиёти ин даврахоро номбар кунед!17. Дар бораи анъанаи хамсасарой дар ин асрхо маълумот дихед.18. Чаро дар ин асрхо достонхои таърихй бештар ривоч ёфтанд?19. Насри ин давра чй гуна хусусият дошт ва аз асрхои гузашта бо кадом хусусиятхояш фарк мекард?20. Дар кадом мавзуъхо бештар асархои насрй иншо шудаанд?

РУЙХАТИ АДАБИЁТИ ИЛМЙ ВА МЕТОДЙ1. Б. Гафуров, Точикон, Душанбе, Ирфон, 19832. С. Айнй, Чингизи асри XX, Кдхрамони халки точик- Темурмалик3. X. Мирзозода, Таърихи адабиёти точик, кисми II, Душанбе, 19894. С. Саъдиев, Адабиё! и точик дар асрхои XIII ва XIV, Душанбе, 1983.

14

Page 15: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

САЪДИИ ШЕРОЗИ (1184-1292)

Дар шеър се тан паямбаронанд,Харчанд «ло набия баъдй».А всофу цасидаву газалро Фирдавсиву Анвариву Саъдй.

РУЗГОРИ САЪДЙ

Ч орбоги бохдш амате дар канори шахри Ш ероз комат афрохта. Гирдогирдаш ро девори баланд ихота карда. Аз пешоруи Ш ероз дарвозаи

дутабакаи хушсохти устодони гулдасти Нишопур бо сад арзандагй истода. Чорбог хам ободу дарахтони боровараш гувохи онанд, ки умри 30-40-сола дорад. Чун ба он ворид мегардед, нахуст пеши назаратон рохрави хушсохти мармарин намоён мегардад ва шуморо истикбол мегирад ва аз ду тарафи он гулгаштхои ранг ба ранг, ки аз анвои гулхои гуногун ороста шудаанд, чун арусони зебои рангинкабо бо камоли мехр ояндагонро пазирой мекунад. Хиёбони гулрез шуморо ба суи сархавз рахнамун месозад. Гирдогирди сархавзро бед, мачнунбедхо, дарахтони сарву шамшод чун ангуштарин печондаанд. Рада-рада дарахтони зардолу, себ, шафтолу, анчиру анор, тут, хурмо, себу нашпотй бо сари хам мехмононро кабул менамоянд. Аллакай дарахтони пешпазак: тут, ангури кишмиш, пахтасеб пухта расидаанд. Дар зеру болои дарахтон парандагон, мургони хушхон нагмасарой мекунанд. Товусхои хушхиром бо як чахон шоистагй пархои хешро кушода болу пар мезананд. Хдмаи ин бозори мургонро пеши назар меоварад ва аз тамошои ин манзара хузуру халоват метавон бурд.

Марди миёнару, миёнкад, ки риши мошу биринчаш уро хеле зеб медод, мургонро дон мепошид. Пас аз анчоми кораш боз ба сархавз, болои кат кадам ниход ва боз товускалам ба даст гирифт ва омодаи нигоштан гардид.

Ин мард шайх Муслихиддин Саъдии Ш ерозй, яке аз намоёнтарин адибони адабиёти классикии точику форс буд.

У соли 1184 дар шахри Шероз дар оилаи амалдори дарбори15

Page 16: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Саъд ибни Зангй ба дунё омадааст. Тахсили ибтидоиро дар Шероз шрифта, сохиби хату савод мегардад. Падар мебинад, ки шавку рагбати фарзанд ба хондану илмомузй хеле зиёд аст, барои М услихиддини чавон тамоми ш ароитро мухайё мегардонад. Ба хамин маънй баъдхо ишорат намуда, Саъдй чунин гуяд:

Агар дар вуцудам нишастй магас,Парешон шудй хотири чанд кас.

Аммо дар хамин айём падари Саъдй вафот мекунад ва аз марги бемахали падар нолон мегардад ва бо дард мегуяд:

Маро бошад аз дарди тифлон хабар,Ки дар хурдй аз cap бирафтам падар.

Пас аз ин ахволи хонавода куллан тагйир ёфта, бори зиндагй ба сари бародари бузурги Саъдй меафтад. У хонданро тарк намуда, барои пайдо кардани кути лоямути ахли хонадон дукон мекушояду ба савдо мепардозад. Саъдии хурдсол бошад, ба умеди тахсилро давом додан, рохи пойтахти Хулафои Араб - шахри Багдодро пеш мегирад. Хамин тавр дар мадрасаи «Низомия» пеши донишмандони бузург тахсилро огоз намуд. Мадрасаи «Низомия» номдор буд. Аз тамоми кишвархои исломй толибилмон меомаданд ва аз донишмандони риштахои гуногуни илму фан дониш мегирифтанд. Дар мадрасаи «Низомия» китобхонаи бузурге бо дастгирии вазири хирадманд ва сохибмакоми Салчукиён Низомулмулки Туей (1017-1092) бунёд шуда буд, ки дар он китобхои зиёд ба забонхои арабй, форей, лотинй, туркй, ибрй, санскрит, чинй ва гайра гулчин шуда буданд. Бунёдгузори Мадраса хам Низомулмулки Туей будааст. Чунонки сарчашмахои таълимй ва фархангй ёд кардаанд, бештари бахс, чамъомад ва анчумани уламову удабо, толибилмону омузгорон дар китобхона ва сахнаву толорхои Мадраса баргузор мегардиданд.

Дар бахсу талошхои уламо толибилмон иштирок мекарданд ва файз мебардоштанд.

Саъдй хам кулвори маърифати хешро аз шунидаву дидааш пурбор_кард ва чанд соли тулонй аз ин гулистон гули маънй бичид. У яке аз шогирдони пешкадами Мадраса махсуб мешуд

16

Page 17: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ва барои хамин идрорпулй (маош ё мукофотпулй) мегирифт.Дар солх,ои пасин дар бахсу мунозираи уламо на хдмчун

толибилм ё хамчун шогирд иштирок мекард, балки хдмрадифи эшон буд. Суол мешуниду посух медод ва хеш хам масъалае ба мухокима мегузошт ва иосухи ононро мешуниду радду бадал мекард. Хамин тавр, уламо ки борхо донишу фазилати Саъдиро диданд, эхсос карданд ва ба у фотихаи хатми Мадраса доданд.

САФАР КАРДАН - Ч,АХ,ОН ДИДАННахуст дар он замон ба Багдод аз Мовароуннахру Хуросон

гурезахо бисёр меомаданд. Ва аз омад-омади чингизиёни хунхор ба мардуми Багдоду дигар шахру дехот хабари талх меоварданд. Медонистанд, ки имруз ё фардо кадами шуму номубораки чингизиён ба ин чо низ хохад расид.

Сабаби дуввуми чомаи сафар пушидани шайхи бузургвор ва гарибиро ихтиёр кардани у дар огози «Бустон» чунин омада:

Дар сщсои олам бигаштам басе,Ба cap бурдам айём бо х,ар касе.Таматтуъ зи х,ар гушае ёфтам,Зи yap хирмане хушае ёфтам.Чу покони Шерозй покиних;од,Надидам, ки раумат бар ин хок бод!

Хамин тавр, ба муроди дарёфт намудани «хушае аз хар гушае» озими рох гардид. Ибораи «хушае аз хар гушае» бори маънй дорад ва адиби бузург аз санъати мачозу киноя бамаврид истифода бурдааст. Гуша - ин кишвархо, давлатхо, шахру дехоти дидааш ва хирман хам хамин маъниро дорад. Хуша бошад, хикоёте, ривоёте, киссае, саргузаште ё панду андарзхои шунидааш мебошад.

Саъдй, чунон ки сарчашмахо ёд кардаанд, беш аз ей соли рузгори чавониашро дар аксои олам гузаронидааст.

Нахуст, Маккаву Мадинаро зиёрат кард ва пасон ба Миср, Фаластин, Андалус, Озарбойчон, Арманистон, Осиёи Хурд, Моваруннахру Хуросон, Кошгар, Хиндустон саёхат кард. У ба Балху Бухоро, Самарканду Бомиён, Вахшонзамин сафар кард. Дар ин кишвархою шахрхо бо ахли зиё сухбатхо намуд. Аз сухани ноб, аз абёти тару тоза хадяашон бикард ва аз онон низ

17

Page 18: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

хуша чид. Саъдй дар ин сафари тулониаш бо дуздону авбошон низ х д м р о зу хдмкоса гардид, бо мусавиёну насрониён сухан дарёфт, розу ниёзи габрону зардуштиёнро шунид, валвалаю симои каландаронаро хуб тамошо кард ва бо оханги онон бираксид ва барояшон газалхои ошиконаву орифона бигуфт.

У чун Синдбоди дарёгард укёнусу бахрхои мухталифи дунёро мисли укёнуси Хинд, Атлантик, бахрхои Сурх, Миёназамин, Сиёх, Каспий, Уммон ва гайраро бо киштихои бодбонй, бо рохнамоии маллохону сайёхон гузашт, ки пасон хикояту саргузаштхои хотирмони гашту гузорхо дар «Гулистон» ва «Бустон» хеле ба чо сабт ёфтаанд. Метавонем бо камоли боварй бигуем, ки Саъдй дар тули хаёти хеш, дар тули сафархои бахрубарияш се китъаи олам: Осиё, Аврупо ва Африкоро гох пиёдаву гох савора давр зад ва кулвори хешро аз хушахо пурбор карду пасон рохи Ватан, рохи Шерозро пеш гирифт. Чун ба Шероз по гузошт, шахрро обод диду мардумро осуда, шукрона кард, ки диёраш аз хуношомии чингизиён осеб надидааст, балки боз ободтар гардидааст. Бинобар ин, нависанда шох Атобаки Саъдй Зангиро ситоиш мекунад:

Забоноваре, к-андар ин амну дод,Сипосат нагуяд, забонаш мабод?Ба а.\ди ту мебинам ороми халк;,Пас аз ту надонам саранцоми халк,.

РУЗХОИ ВОПАСИНИ ХАЁТИ ШАЙХ САЪДЙСаъдй баъди бозгашт аз сафархои тулонй кунчи узлатро

ихтиёр кард. Акнун он кулвори пурбор, он хушахои чилодори овардаи хешро чун шаддахои марчон пайвасту пайванд менамуд. Адиб лахзае ором набуд. Эчод мекарду бо дустон, бо шогирдону мухлисонаш розу ниёз дошт. Мехмонон аз дуру наздик ба сурогаш меомаданд. Шоханшахи Мултони Хинд яке аз наздиконашро ба Шероз фиристод, то хохишу илтимоси шохи Мултонро бигуяд, Саъдиро бо хеш ба Хинд бибарад, вале Саъдй илтимоси шохро напазируфт ва кадам аз Шероз берун наниход. Хамин зайл, хохишмандон кам набуданд, аммо Саъдй гуфтори эшонро напазируфт.

Аз хар кунчу канори дунё аз амирон, хокимон, адибон,18

Page 19: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

олимон ва дигар ашхоси гуногунрутба ва гуногунтабака номахои сершумор ва хадяхои фохира меомаданд. Онон дар номахои худ ба Саъдй, ба пайгомбари сухан арзи сипос намуда, аз Худой мутаол вакти хушу арзи сипос намуда, умри бедарди Саъдиро хохон буданд.

Хамин тавр, Саъдй гуё бо дуои бузургони давр, мардони рохи сидку вафо умри дарози бобаракат дид. У соли 1292 дар бустонсарои худ аз дунё чашм пушид, ки имруз хам турбати шоири бузург ба ч,ост. Имруз Шероз ва маркади Шайх Саъдй зиёратгохи мардуми олам аст. Аз тамоми гушаву канори дунё габру мусулмон, яхудиву насоро ба зиёраташ меоянд ва хар кадоме ба расму оини худ ба рухи поки Шайх Саъдии бузургвор дуруд мефиристанд. Оре, Саъдй тамоми умр хам дар сухан ва хам дар амал хизмати халкхоро кард. У дороияш ро ба дармондагон, бечорагон кисмат намуд. Барои хамин дар байни хосу ом некном монд. Саъдй гуё пайгамбарона байти зерро дар хакки хеш гуфта бошад:

Зиндаву цовид монд х,ар кй накуном зист,К-аз ацибаш зикри хайр зинда кунад номро.

МЕРОСИ АДАБЙСаъдии Шерозй умри пурбаракат дидааст. Дар таърихи

халкамон кам бузургеро медонем, ки аз сад сол зиёд умр дида бошад. Саъдй 108 сол умр дид. Баъзе мухаккикон ва мусташрикон умри уро ба се кисмат бахш кардаанд.

Саъдии Шерозй дар таърихи адабиёти точику форс яке аз адибони сермахсул махсубмешавад. У хам ба назм ва хам ба наср асархои сершумору пурмаънй иншо кардааст. Ба хотири асархои бузургаш дар замони зиндагиаш обру, шухрат, макому манзалат пайдо кард. Саъдй асархояш ро ба ду забои нигоштааст: ба забони модариаш - форсй-точикй ва ба забони арабй. Аммо бештари офаридахояш бо забони модарияш иншо шудаанд.

Пас аз 35 соли вафоти Саъдй яке аз шогирдонаш - Алй ибни Ахмад ибни Абубакри Бесутун куллиёти Саъдиро мураттаб сохт, ки он ба тарики зайл тартиб ёфтааст:

19

Page 20: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Дар асрхои пасин хар хаттоте, ки асархои Саъдиро рубардор ё хаттотй мекард, ба хамин нусхаи Бесутун такя менамуд.

КАСОИДИ САЪДИ. Жанри касида дар эчодиёти Шайх Саъдй макоми босазо дорад. Касидахои адиб аз нигохи шакл, яъне устухонбандй, мисли касидахои асрхои пешанд. Танхо тавофут дар мазмун ва гояи онхо ба назар мерасад. Асосан, касидахои Саъдй чанбаи тарбиявию ахлокй доранд. Адиб мадху ситоиши шохон ва хокимонро хадафи хеш карор надодааст. Баръакс, адибони хушомадгу, тамаъкорро ба зери тозиёнаи танкид гирифтааст. Масалан, байти хушомадгуёнаи Зохири Фарёбй-

Нух, курсии фалак них,ад андеша зери пой,То буса бар рикоби К,изил Арслон дих,ад.

-ро холисона мазаммат намудааст:

Чй уоцат, ки ну у курсии осмон Н щ й зери пойи Кишл Арслон!Магу: Пойи иззат бар афлок не:f/Бигу: Руйи ихлос бар хок нех,!

20

Page 21: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Дуруст аст, ки Саъдй дар хдкки шохони дудмони Атобакон чанд касидае гуфтааст, вале дар ин касоид ононро панд додаст. Аз ин нигох, касидах,ои Саъдй аз касидахои Унсурй, Фаррухй, Анварй ва дигар касидасароёни маддох фарк доранд.

Мураттиби куллиёти Саъдй Бесутун хикояте меорад, ки басе пандомуз аст. У чунин нигоштааст: дар замони подшохии Абокохон (набераи Чингизхон, писари Хдлоку), ки пойтахташ шахри Табрез буд, Саъдй дар бозгашти сафари Х,ичоз ба он чо ворид шуд. У дар рохе Шамсуддин Мухаммади Сохибдевон ва бародари у Алоуддинро дид, ки бо подшох (Абокохон) савора меоянд. Саъдй хост, ки дар гушае пинхон шавад, то онхо гузашта раванд. Аммо муяссар нашуд. Сохибдевон ва бародараш, хамин ки Саъдиро диданд, филхол худхоро аз асп партофта, ба пойи у афтоданд.

Подшох ин холро дида, аз наздикони худ пурсон шуд: Ин кй бошад, ки онхо уро ин кадар хурмат карданд? Маро, ки подшохи руи заминам, Шамсуддин хеч гох ин кадар хурмат накардааст.

Баъд аз ин мулокоти Саъдй бародарон боз ба пеши подшох омаданд. Подшох аз худи онхо кй будани мехмони оликадрро пурсид. Онхо «падари маъиавии мост» гуён як кадар аз ахволи Саъдй баён намуданд. Подшох толиби мулокоти Саъдй шуда, ба бародарон фармуд, ки Шайхро ба хучрааш оранд.

Шамсуддин ва Алоуддин ба манзили Саъдй рафта, уро ба хузури подшох даъват карданд. Шайх кабул накард. Онхо кариб як хафта ба пеши у меомаданд. Дар хар бор Саъдй «Ин балоро аз сари ман дафъ кунед, ягон узр гуед, ман намеравам» - мегуфт. Окибат аз хотири онхо гузашта натавониста, ба мулокоти подшох рафт. Чун сухбати эшон поён ёфт, подшох дар анчоми сухбат аз Саъдй илтимос кард, ки уро (яъне Абокохонро) насихат кунад. Саъдй ин байтро хонд:

Ша>;е, ки носи раият нигох, медорад,Халол бод хироцаш, ки музди чупонист.Ва гар на роии х;алц аст, зах,ри мораш бод,Ки х,ар чй мехурад, аз цизъяи мусулмонист.

Абокохон: «Ман чупони халкам ё не?»- гуфта аз Саъдй пурсид.

21

Page 22: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

- Агар чупони халк бошй, байти аввал дар хакки туст ва агар набошй, байти дувум,- гуфт у ва чавоби дигар надод.

Саъдй дар иишои касида баъзаи кисматхои аиъанавии онро риоя накардааст. Масалан, кисмати талаб дида намешавад. Ба чойи он мамдухро панд медихад. Ё кисмати тагаззул хам дар касоиди Саъдй бисёр мухтасар аст. Баъзе касидахои адиб тагаззул бештар доранд ва хамон кисмат мадху ситоиши зебоихои табиат, фасли бахор. Наврузи Ачаманд, ки cap то по дар касида васф шудаанд. Ин навъ касидахоро бахория низ гуянд. Инак, як пора аз касидаи «Бахория» ё «Алами давлати Навруз»:

Алами давлати Навруз ба сах,ро бархост,За.\мати лашкари сармо зи сари мо бархост.Ба ару сони чаман бает сабо х,ар гусаре,Ки ба гаввосии абр аз дили даре бархост.То рабояд кулаки к;ок;уми барф аз сари кух;,Язаки тобиши Хуршед ба ягмо бархост.Табак,и бог пур аз нуцлу раёх,ин карданд,Шукр онро, ки замин аз пгаби сармо бархост. Мавсиме нагмаи чанг аст, ки дар базми сабух,, Булбулонро зи чаман нолаву гавго бархост...Хар дилеро х,аваси руи гуле дар cap шуд,На ки ин валвала аз булбули танх,о бархост.Гуиё пардаи маъшук; барафтад аз пеш,К,алами офият аз ошики шайдо бархост.

Касидаи боло cap то по тавсифи зебоихои табиати афсункор, огози бахори нозанин, фаро расидани Наврузи Ачам аст. Шоир дар байти аввал аз хусну чамоли аруси сол - Навруз мужда мерасонад, шод аст. Аз он бозгуй дорад, ки Навруз парчами давлаташро ба дашту даман, богу сахро барафрохтааст ва инсонро зери парчамаш хидоят менамояд ва мегуяд, ки зери ин парчам, зери ин дирафш Наврузи Ачамро хуш истикбол гиред ва аз давлати Навруз бахра бардоред. Ибораи «давлати Навруз» хеле сермаъност. Дар он санъатхои киноя, ташбех, мачоз, истиора ва талмех басо устокорона истифода шудаанд. Дар миераи дуюми байт рахти сафар барбастани фасли зимистон ва сардихои он ёд шудааст. Дар ин маврид шоир аз санъати тазоду

22

Page 23: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

мукобила бамаврид истифода бурдааст. Яъне, мисраи якуму дуюм ба хам мукобиланд.

К,асидаи «Бозгашт» ё «Саъдй инак ба кадам рафту ба cap боз омад» аз навъи касидахои хасбихолист. Саъдй дар ин касида аз ранчу озорхои дар гарибй дидааш, аз сафархои тулонй, аз сухбату панду андарзхои шунидааш кисса мекунад, у аз хамдиёрон, аз мардуми Шероз узр мехохад, ки муддати зиёд ёдашон накард, дар хаккашон бевафой намуд. Саъдй мардона гунохашро гуфт ва боз аз пайвандон, аз ёру дустон ва хамдиёрон илтичо менамояд, ки аз гунохаш гузаранд:

Чурмнок аст маломат макунедаш, ки карим Бар гунаукор иагирад, чу зи дар боз омад.

Умуман «Бозгашт» касидаи хонданист ва бисёр бо дарду алам иншо шудааст. Ба хамин хотир чанд пораашро меорем ва тахлил хохем кард:

1. Саъдй инак ба цадам рафту ба cap боз омад. Муфтии миллати асуоби назар боз омад.2. Фитнаи шоу иди савдозадаи боди бауор,Ошици нагмаи мургони сауар боз омад.3. Солу о рафт, магар ак,лу сукун омузад,То чй омухт, к-аз он шефтатар боз омад.4. То бидонй, ки ба дил нуктае побарцо буд,Ки чу паргор бигардиду ба cap боз омад.5. Вах,, ки чун ташнаи дидори азизон мебуд,Гуиё оби уаёташ ба цигар боз омад.6. Хоки Шероз уамеша гули хушбуй диуад,Лоцарам булбули хугигуй дигар боз омад.7. Пойи девонагиаш бурду сари шаек; овард, Манзалат бин, ки ба по рафту ба cap боз омад.8. Майлаш аз Шом ба Шероз ба Хусрав монад,Ки ба андешаи Ширин ба Шакар боз омад.9. Чурмнок аст, маломат макунедаш, ки карим Ба гунах,гор нагирад, чу зи дар боз омад.10. Чй ситам, к-у накашид аз шаби дайцури фирок,,То бад-ин руз, ки шабуои цамар боз омад.11. Булацаб буд, ки рузе ба му роде бирасид,

23

Page 24: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Фалаки хиракуш аз цавр магар боз омад?12. Духтари бикри замираш ба ятимй пас аз инЧ,аври бегона набинад, ки падар боз омад...13. Чу мусаллам нашудаш мулки у у нар, чора надид, Ба гадой ба дари аули уунар боз омад.

Саъдй дар байти аввал таъкид менамояд, ки кахрамони лирикй, яъне шоир «ба кадам рафту ба cap боз омад». Дар ин до мафхумхои кадам ва cap бори маънй ба душ доранд. Кадам мондану гаштугузор кардан мумкин. Ин узвест, ки ба cap тобеъ аст. Аммо инсон дар баъзе мавридхо бе андешаи амик кадам мегузораду ба чойгохе меравад ва ба cap чандон эътибор намедихад. Яъне cap, ки магзи cap он чост, махзани аклу хиради инсон аст. Аз хамин нуктаи назар, Саъдй ба сафар баромаданаш ро ба кадам ва бозгаш гаш ро ба cap шабех намудааст, ки дар ин чо санъатхои киноя, мачоз ва ихом басо бамаврид истифода шудаанд. Хамин тавр, ба Ватан омаданашро камоли аклу хирад ва дилбастагй донистааст. Мисраи дуввуми хамин байт бошад, мисраи аввалро кувват медихад. Яъне, шоир хешро ба муфтии миллати асхоби назар шабех намуда, шукрона дорад, ки ба диёр бозгаштааст. Дар байтхои пасин андешахои ватандустона, пазмони ёру диёр буданашро ифшо кардааст. Кахрамони лирикй дар байти 4 хешро ба паргор монанд карда, шукронаи он дорад, ки чахонгардй карду боз ба зодгох омад. Шукрона аз он дорад, ки дар гарибй ранчу озори зиёд дида бошад хам, боз ба назди пайвандон, ба Шероз, ба Ватан кадам гузошг.

Саъдй дар ин касида ба як масъалаи мухими дигар ишорат бинмудааст. Ин хам бошад масъалаи худшиносй, ифтихори миллй ва мехру садокати бепоён нисбати Ватан, марзу бум, халки диёр, ёру дуст аст, ки монанди як хати сурх, мисли як оташи сузони амик мегузарад. Аз касидаи «Бозгашт» нидои шодию фарах бармеояд, ки онро кахрамони лирикй басо самимй ба калам додаст.

САЪДЙ - ПАЁМБАРИ ГАЗАЛ

Мусаллам аст, ки то Саъдй, яъне то асри XIII жанри газал дар адабиёти мо буд. Ин анъанотро Муслихиддин Саъдии

24

Page 25: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Шерозй давом дод ва боз бо навоварихои худ газалро болу пари тоза бахшид ва шухрати онро ба Арш расонд. Ба хамин хотир, хаиуз дар асри XV азамати Саъдиро дар ин чода бузургон эътироф карда, уро паямбари газал гуфтаанд. Имруз хам ин андеша дар байни хосу ом, донишмандону хунармандони дунё дигар нашудааст:

Мавзуъи ишк дар газалиёти Саъдй макоми аввал дорад. Вожаи ишк маънои васеъ дорад: ишки илохй, яъне ишки Худо, ишки заминй, яъне ишки табиии байни марду зан, духтару писар ва ишки инсон. Шайх Саъдй дар газалиёташ аз хамин нигох ишкро ситудааст ва газалхои оламгир эчод кардааст.

Саъдй на танхо аз китоб ва устодонаш илму дониш омухтааст, балки тачрибаи зиндагй, мушохидахои хаёт, одамон дар рушду камолоти маънавии у сарчашмаи мухим гардидаанд. Аз ин чост, ки образи инсон ва маънавиёти у дар эчодиёти шоир дар пояи олй меистад. Худи шоир инсони комил, инсони хакикй аст ва у хам инсони комилро мадху ситоиш кардааст.

Ба акидаи Саъдй, инсон гавхари ноёб аст. Бояд инсонхо бо якдигар дуст, бародар, гамхор бошанд.

Саъдй сифатхои асосии инсонро тавсиф карда чавонмардй, фазлу эхсон доштани одамро таъкид менамояд.

Агар инсон ин сифатхоро надошта бошад, у, ба акидаи шоир, ба мисли накши девор аст. Ч,амъ намудани молу сарват хунар нест. Агар инсон шахсеро некй кунад, дили уро ба даст орад. хамон вакт хунарманд, окил ва инсони хакикй мешавад:

Чавонмардиву лутф аст одамият,Хамин нацши у а юлой мапиндор!Чу инсонро набошад фазлу эх, с он ,Чй фарк, аз одамй то нак,ши девор?!Ба даст овардани дунё х;унар нест ,Якеро, гар тавонй, дил ба даст ор!

Худи шоир бо ин сифатхои нек ороста буд. У максади зиндагии хешро дар хизмати халк медонист ва аз дигар инсонхои чомеъа низ инро талаб мекард:

Ибодат ба цуз хизмати халк, нест,Ба тасбеуу саццодаву1 далц нест.

25

Page 26: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Саъдй ба ахлоку одоби табакахои чамъият бахо дода, аз хамаи гуруххои чамъият: бечорагон, дарвешон ва оммаи мехнаткаш ро бехтару накутар хисоб мекунад. Ш оир хакикатгуй, хак,ик,атчуй ва хакшиносии онхоро бо як хиссиёти баланд тасвир менамояд.

Саъдй саъю талош намудааст: ки бехтарин, шевотарин каломи сехрофаринро дар хакки онон бигуяд.

Ки уащониву хсщгуяиду, уаццуянду уак; бошад,Хар он маънй, ки ояд дар дили донои дарвешон.

Саъдй зебоии инсонро хам дар зохир ва хам дар ботин мебинад.

Аз мисоли боло равшан гардид, ки дарвешон хам бо зохири худ (хулкони гардолуд ва хам бо ботини хеш (поквичдонй, хоксорй, накукорй, инсондустй ва гайра) аз табакаи болоии чамъиятй болотар меистанд.

Шайх Саъдй дар газали «Бигзор, то бигирям» симои ботинии инсонро хеле чозибу форам ба калам додаст. Ин газал ифшогари гаму андухи инсонхост:

/. Бигзор, то бигирям чун абр дар бауорон,К-аз санг нола хезад рузи видои ёрон.2. Бо сорбон бигуед ауволи оби чашмам,То бар шутур набандад маумил ба рузи борон.3. Хир к-у шароби фуркат рузе чашида бошад,Донад, ки сахт бошад к,атъи умеди ёрон.4. Бигзоштанд моро дар дида оби уасрат,Гирён чу дар к,иёмат чашми гуноукорон.5. Эй субуи шабнишинон, цонам ба тощт омад, Азбаски дер мондй, чун шоми рузадорон.6. Саъдй, ба рузгорон мех,ре нишаста бар дил,Берун наметавон кард, илло ба рузгорон!7. Чандон кунам уикоят, шару ин цадар кифоят, Бок,й наметавон гуфт, илло ба гамгусорон!

Шоир гаму андухи чудоиро ёд карда, онро ба боридани борони бахорй, борони найсон шабех намудааст. Шоир таъкид менамояд, ки аз рафтани азизон, хатто аз санг низ нола хезад.

26

Page 27: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Дуруст аст, ки аз санг харгиз нола намехезад. Шоир дар ин маврид аз санъатхои ташхис, киноя ва муболига истифода бурдааст. Дар газал суханони шоирона, тавсифи вокеъбинона бамаврид омадаанд. Як лахзаи зиндагии инсон, ки басе нохушу дардомез аст, вокей ба калам дода шудааст. Дигар, Саъдй солхои зиёд сафар карда, гарибию мусофириро дид, бори хузнангезу дардомези онро бар душ дошту аз cap гузаронид. Х,амаи ин ба шоир имкон дод, ки чунин газали дардомезу шурангезро эчод кунад.

Мавзуи ишку мухаббати инсони дар газалиёти Саъдй макоми воло дорад. Гузаш тагон ва имрузиён Саъдиро сарояндаи ишки пок гуфтаанд, ки ин бесабаб нест. Асрхост, ки калби ошикон аз сурудахои ошикнавозу чонбахши Саъдй гизои маънавй мегиранд. Шоири дунёдида дар газали «Кимати гул» махбубаашро бисёр самимй васф намудааст:

Климаты гул биравад, чун ту ба гулзор ой,В-оби уайвон бнчакад, чун ту ба гуфтор ой.Ин уста цилваи товусу хиромидани кабк,Бори дигар накунад, гар ту ба рафтор ой.Чанд бор, охират эй дил, ба насщат гуфтам,Дида бардуз, набояд, ки гирифтор ой.

Дар байти аввал махбубаи кахрамони лирикй чунон зебову раъност, ки у ба гулзор кадам менихад, гулзор зеби хешро аз даст медихад, кимаги гул паст мешавад ва шармандавор аз чамоли ёри кахрамони лирикй сарафканда мешавад. Дар мисраи дуюм оби хайвон хамчун талмех истифода шудааст. Оби хайвон хамчун кинояву рамз омадааст ва касе, ки аз он катрае нуш кунад, умри човидонй меёфтааст. Шоир хамин оби хаётбахшро ёд карда гуфтан мехохад, ки агар ту ба гулзор оиву ба гуфтор, ин мисли чакидани оби хаёт дар гулзор аст.

Дар байти дувум бошад, махбубаашро чунон воло тасвир кардааст, ки дар назди хиромидани ёраш чилва кардани товусу хиромидани кабк хеч аст, кимату арзиш надорад. Ва агар товусу кабк хиромидани туро бинанд, дигар онхо чилва накунанд, ба рафтор наоянд. Саъдй дар тасвири чунин лахзахо аз санъати тазоду мукобала, тавсифу ташбех истифода бурдааст.

Дар байти сеюм кахрамони лирикй ба дилаш эътироз, шиква27

Page 28: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

мекунад, ки борхо насихдтат кардам, ки ба ин рох, марав, чашм иушон, то гирифтораш нашавй. Аммо чй метавон кард, дил дил аст ва шоир ба ишкаш гирифтор шудааст ва махбубаашро дуст медорад.

Дуст дорам, ки касат дуст надорад чун ман,Хайф бошад, ки ту дар хотири агёр ой.

Дар хамин мавзуъ газали «Эй сорбон» бисёр чолибу хушоянд аст. Барои намуна чанд байт аз ин шохгазал:

Эй сорбон, оуиста рон, к-ороми цонам меравад,В-он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад. Ман мондаам мауцур аз у, бечораву ранцур аз у,Гуйй, ки неше дур аз у дар устухонам меравад.Бо ин уама бедоди у в-аз ауди бебунёди у,Дар сина дорам ёди у, то бар забонам меравад. Махмил бидор, эй сорбон, тундй макун бо корвон, К-аз ишци он сарви равон гуйй равонам меравад.Дар рафтани цон аз бадан гуянд уар навъе сухан, Ман худ ба чашми хешпган дидам, ки цонам меравад. Саъдй, фигон аз дасти мо, лоик, набуд, эй бевафо, Тоцат намеорам цафо, кор аз фигонам меравад.

Мавзуи дустй макоми шоистае дорад. Ин мавзуъ монанди як хати сурх аз байни асархои назмй ва насрии Саъдй мегузарад. Ситоиши дусти чонй, рафики мехрубон дар газалиёти шоир пурдомана аст. Газали «Моро бихишт сухбати ёрони хамдам аст» махз дар хамин мавзуъ суруда шудааст:

1. Моро бих;ишт сух, бати ёрони уамдам аст,Дидори ёри номутаносиб цауаннам аст.2. Хар дам, ки дар уузури азизе бароварй,Дарёб, к-аз уаёти цауон уосил он дам аст.3. Гар хуни тоза меравад аз решуои дил,Дидори дустон, ки бубинанд, маржам аст.4. Дунё хуш асту мол азиз асту тан шариф,Лекин рафщ бар уама чизе муцаддам аст.5. Мумсик барои мол уамасола тангдил,Саъдй ба руи дуст уамаруза хуррам аст.

28

Page 29: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Асоси байти нахусти газалро санъати тазоду мукобала ташкил додааст. Дар мисраи якум сухбати ёрон, дустони мушфику мехрубонро ба бихишт ва дидори ёрони номувофику номуносибро ба чахаинам шабех намудааст. Дар байт бихишту чаханнам ва ёрони хамдам, хаммаром ва мувофикро ба ёрони номутаносиб мукобил гузоштааст, ки басо гуворо баромадаст.

Дар байти дувум Саъдй таъкид менамояд, ки агар дар сухбати ёри мувофик, окилу фозил бошй, бидон, ки ширинии хаёти ту хамон лахзахо хастанд. Боз хамин фикр дар байти сеюм идома меёбад. Шоир мегуяд, ки гамгину дилреш шуда бошй, хамон вакт хам дидори дустон, сухбати онон барои дили реш- реш мархам шуда метавонад. Асоси ин байтро хам санъати тазоду мукобала ташкил намудааст.

Дар байти чорум, кахрамони лирикй гушрас менамояд, ки барои инсон аз хама чиз арзишмандтар бояд дуст бошад. Дунёву давлат, молу сарват бе дуст, бе рафики мехрубон чизе нест. Нихоят, дар мактаи газал Саъдй таъкид кардааст, ки агар шахси мумсик барои молу сарваташ хамеша тангдил, гамгин бошад, ман доимо аз дидори дустони шариф шоду хуррамам. Хулоса, шоир дустиро ситоиш карда, касонеро, ки дуст доранд ва эшон рафикони чонианд, саодатманд мешуморад ва максаду мароми зиндагиро дар хамин мебинад, дар хамин мечуяд ва инсонхои покдилу покрузгорро ба ин чониб хидоят менамояд.

«БУСТОН»Саъдй пас аз сафари тулонй, пас аз дидану шуниданхо ба

диёр омад ва ба иншои «Бустон» огоз кард. Хамин тавр у «Бустон»-ро дар тули як сол (соли 1257) ба анчом расонд. Дар ин бора дар огози «Бустон» Шайх Саъдй чунин мегуяд:

Ба рузи уумоюну соли сайд,Ба таърихи фаррух миёни ду ид.Зи шашсад фузун буд панцох,у пану,Ки пур гашт ин номбардор ганц.

Соли 655-и хичрй баробар аст ба 1257 мелодй. «Бустон» ба вазни «Ш охнома»-и Ф ирдавсй дар бахри мутакориби мусаммани махзуф ва максур иншо шудааст. Хар байти он аз хашт рукни фаулун, фаулун, фаулун, фаул таркиб ёфтааст.

29

Page 30: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Раият чу беханду султон дарахт,Дарахт, эй писар, бошад аз бех сахт.Фаулун, фаулун, фаулун фаул

Асар аз чахор хазор байт иборат буда, аз дах фасл таркиб ёфтааст. Саъдй дар огози асар бобхои асарашро ба тарики назм ёд кардааст:

Чу ин кохи давлат бипардохтам,Ба у дах, дар аз маърифат сохтам.Яке боби адл асту тадбиру рой,Нигаубонии хал к, у тарси Худой.Дуюм боби эх;сон ниуодам асос,Ки муусин кунад фазли Хащро сипос.Савум боби ишк, асту мастиву шур,На ишце, ки банданд бар худ ба зур.Чауорум тавозуъ, ризо - панцумин,Шашум зикри марди цаноатгузин.Ба уафтум дар аз олами тарбият.Ба уаштум дар аз шукр бар офият.Нух;ум роуи тавбаст - роуи савоб,Дах,ум дар муноцоту хатми китоб.

Баъд аз ин Саъдй ба хонандагон м у р о ч и а т намуда, дар бораи мохияти «Бустон», ахамияти асар байтхои пуркимат меорад:

Хамоно, ки дар Поре иншои ман,Чу мушк аст бек,имат андар Хутан.Гул овард Саъдй суи бустон,Ба шухй чу филфил ба Хиндуситон.

Шоир дар байти аввал камоли хоксориро ба чо оварда, таъкид менамояд, ки асари ман дар диёри Поре, диёри фозилону доноён чандон арзишу кдмат надорад. Ин монанди он аст, ки дар Хутан, дар сарзамине, ки мушку анбар меруяд, мушк бекддр аст. Дар байти сонй боз хамин маъниро ёд мекунад, ки ман гул ба бустон овардам, яъне киноя аз гул фикру андешахои тоза, ахамиятнок, панду андарзхои окилона аст. Пас, хамин маънии болоро дар мисраи охир боз хам кудрат бахшида, гушзад менамояд, ки ин мисли он аст, ки филфил, яъне мурч ба

30

Page 31: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Х,индустон баранд. Мурч дар кишвари Х,инд маъмул аст ва кимату арзиши зиёд надорад.

Ни\оят, пас аз ин гуфтор Саъдй ба асли максад гузашта, ба шохони замони худ ру меорад ва ононро панду насихат медихад. Бахусус Абубакр ибни Саъдй Зангй (1231-1260), ки «Бустон»- ро ба у бахшида буд, ситоиш мекунад. Зеро дар замони хукмронии у Шероз аз куштору хунрезихои чингизиён рахо ёфта буд. Дигар, дар замони хукмронии у халк, осуда ва кишвар хеле обод гардид. Саъдй ба Абубакр мурочиат намуда чунин мегуяд:

Хама вацт мардум зи цабри замен,Биноланду аз гардиши осмон.Дар айёми адли ту, эй шауриёр!Надорад шикоят кас аз рузгор.Хам аз бахти фархундафарцоми туст,Ки таърихи Саъдй дар айёми туст.Ки то дар фалак Моуу Хуршед х,аст,Дар ин дафтарат зикри цовид у аст...

Баъд аз ин ситоишх,о Саъдй мамдухи худро панди судманд медихад. Хдмаи ин бо боби нахусти «Бустон», ки дар «Адли чахондории шохон» аст пайванди ногусастанй дорад. Шайх Саъдй дар ин боб подшохро сутуни давлат гуфта, вучуд асоси кишварро дар раият дида, макоми ононро равшан намудааст. Адиб дар ин маврид шохро ба чупону раияти кишварро ба рама, подшохро ба дарахту раиятро ба решай дарахт ташбех намуда, окилонаву фозилона аз номи подшохони одилу адолатпарвари гузашта фикрашро таквият медихад:

...Ба ХУР-^Уз чунин гуфт Нушервон,Ки хотирнигаудори дарвеш бош!На дар банди осоиши хеш бош!Наосояд андар диёри ту кас,Ки осоиши хеш хоуию бас.Наёмад ба наздики доно писанд,Шубон хуфтаву гург дар гусфанд.Бирав, носи дарвеши муутоц дор,Ки шоу аз раият бувад тоцдор!Раият чу беханду султон дарахт,Дарахт, эй писар, бошад аз бех сахт.

31

Page 32: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Макун, то тавони, дили халк; реш!Агар мекуни, меканй бехи хеш.

Саъдй пас аз баёни масъалаи адолатпарварй ё масоили дигаре барои тасдики фикраш аз хдёти шохони пешин ва дигар мардуми табак,оти чомеа хикоёти вок,ей ва хикоёти тамсилй меорад. Ин тарзу усул, ин устухонбандй ба тамоми бобхои «Бустон» мутаалликанд. Ба ин восита шоир хадафи хешро бехтару хубтар ифода мекунад ва тир ба нишон амиктар мерасад.

Саъдй дар хамин боб хамчун марди сиёсатмадор ва чомеашинос бисёр масъалахои сиёсиро ба миён мегузорад ва дар либоси бадеият ин масоилро халлу фасл менамояд. Ин андешахо имруз хам дар микёси байналхалкй ахамияти бузург дораид. М асъалаи давлатдорй, муносибат бо кишвархои хоричй, масъалаи чангу сулх аз назари Саъдй басо равшану возех дар ин фасли «Бустон» матрах шудаанд.

Саъдй таъкид менамояд, ки то тавонй кушиш ба харч деху пеши рохи чангу хунрезиро бигир. Он вакт оромию тинчии мулкро метавон нигох дошт ва мардум босаодат хоханд зист. Хулоса, аз куштору хунрезй сулх бехтар:

Агар пилзурй ва гар шерчанг,Ба наздики ман сулх, беутар, ки цанг.

Дигар, Саъдй ба подшохон маслихат медихад, ки бо душманат сулху салох кардй, осуда хешро наииндор. хушёр бош ва лашкаратро барои хифзи раияту кишвар омода кун, омода нигох Дор, ки мабодо шабохунат бизанад:

Нагуям, зи цанги бадандеш таре,Ки дар уолати сулх, аз у беш таре!Басо кас ба руз ояти сулх, хонд,Чу шаб шуд, сипах; бар сари хуфта ронд.Гарат хеши душман шавад дустдор,Зи талбисаш1 эмин маишв зинуор.Ки гардад дарунаш ба кини ту реш,Чу ёд оядаш меури пайванди хеш.

Саъдй боз ба шохон панд медихад, ки агар душман кавию

32

Page 33: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

пилтан бошад ва бидонй, ки муковимату истодагарй натвонй кард ва сулхро напазируфт, рохи эхсону саховатро баргузин ва ин тадбир хам шоиста бошад:

Хаме то барояд ба тадбир кор,Мадорои душман бех, аз корзор2.Чу натвон адуро ба кувват шикает,Ба неъмат бибояд дари фитна бает.Гар андеша дорй зи душман газанд,Ба таъвизу эусон забонаш бубанд!

Шоир лашкарро асоси давлат медонад. Бинобар ин, таъкид менамояд, ки барои нигохдории истиклоли киш вар ва сохибихтиёрии мамлакат хамеша лашкар бояд дар холати омодагй бошад. Барои нигох доштани он бояд сарбозон аз хар чихат таъмин бигарданду маоши шоиста бигиранд, то ки ахлу аёли худро таъмин карда битавонанд. Агар ин амал рохрав набошад, аскар дифои мулк насозад ва хешро дар рузхои сахти кишвар канор бигирад:

Кунун дасти мардони цангй бибус,На он гох;, ки душман фуру куфт кус.Сипоуй дар осудагй хуш бидор!Ки дар уолати сахтй ояд ба кор.Сипоуй, ки кораш набошад ба барг,Чаро дил нщад рузи уайцо ба марг?Чу доранд ганц аз сипоуй дарег,Дарег оядаш даст бурдан ба тег.

Саъдй ба шохон дар масъалаи интихоби сарлашкарон, сипахсолорон, сархангон маслихатхои муфид медихад, ки ин пешниходхо имруз хам дар лашкардорй ва дифои кишвар судманданд. Масалан, адиб ба подшох мегуяд, ки ба сарварй ашхоси чангдида, корозмуда ва далеру часурро бояд баргузид. Чунин ашхос аз чавони илми харб, шикор, гуштингирй, чавгонбозй, тирандозиро бояд омузанд. Хдргиз дар кори харб ашхоси тарсончак, бегурдаро намон:

1 Талбис- шар, найранг2 Корзор - майдони набард, чанг, мухориба

33

Page 34: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Сипауро макун пешрав чуз касе,Ки дар цангу о буда бошад басе!Ба хурдон мафармой кори дурушт,Ки сандон нашояд шикастан ба мушт! Раиятнавозиву сарлашкарй На корест бозичаву сарсарй.Нахоуй, ки зоеъ шавад рузгор Ба ноозмуда мафармой кор!Натобад саги сайд руй аз палат,Зи рубах, рамад шери нодида цанг.Чу парварда бошад писар дар канор,Битарсад, чу пеш оядаш корзор.Ба гуштиву нахчиру омоцу гуй,Диловар шавад марди пархошцуй.Ба гармоба парвардаву айшу ноз,Битарсад, чу бинад дари цанг боз.

Саъдй дар анчоми ин фасл боз ба масъалаи додгустарй, раиятиарварй ва инсофу адолат бармегардад, боз таъкид бар он мекунад, ки агар ба душман зафар ёфтй, бандиёнро хор мадор, кишварро обод кун, раиятнавоз бош. То раият бидонанд, ки аз он шохи золим бартарй, каримтарй, то пару болат бишаванд ва дар хар кор мададгорат бошанд:

Чу ицлими душман ба цангу уисор Гирифтй, ба зиндонаш андар супор!Чу баркандй аз чанги душман диёр,Раият басомонтар аз вай бидор!Карам кун, на пархошу киноварй,Ки олам ба зери нигин оварй!

Шоири инсондусту хайрхох дар поёни фасли охир боз шохонро ба сулху салох хидоят менамояд. Онхоро огох мекунад, ки гуруру худхохй, тундиву гарданкашй хисоли шоиста нестанд ва дар тарики давлатдорй арзандагй надоранд. Онон бояд бо якдигар дуст бошанд ва масъалахои давлатдориро бо рохи гуфтушунид, бо рохи лутфу хушй халлу фасл намоянд.

Чу коре барояд ба лутфу хушй,Чй уоцат ба тундиву гарданкашй.

34

Page 35: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Нахоуй, ки бошад дипат дардманд,Дили дардмаидон баровар зи банд.Дуои заифони уммедвор Зи бозуи мардон беу ояд ба кор!

Х,амон тавре ки дар боло ишорат кардем, «Бустон» аз дах, боб иборат аст ва мо дар ин но танхо як боби аввалро то андозае тахлил кардем. Аз тахлили ин боб мусаллам гардид, ки Шайх Саъдии Шерозй марди чахондида ва сиёсатмадорест, ки бисёр андешахои кобили кабул ва муфид дар бораи чангу сулх, химояти Ватан аз бегонагон, нигох доштани лашкар, таъйин кардани шахсони лоику арзанда ба лашкар ва дигар масъалахои марбути онро бисёр сахех ва бо овардани далелу бурхон нишон додаст, ки дар замони хозира ахамияти бузург доранд ва рохнамои хар як рохбару сарвари кишвар шуда метавонанд.

«ГУЛИСТОН»«Гулистон»-и Муслихиддин Саъдии Шерозиро метавон ба

чорбоги Ирам шабех кард. Хднгоме ки вориди он мегардед, пеши назаратон хашт гулгашт, хашт равзана ё хашт растай гулзор намоён хохад гашт. Ин равзанахо бо гулхои рангоранги худ аз хам фарк доранд. Яке сурх, дигаре норинчй, сеюм бунафш, чорумй лаълфом, панчумй гулобй, шашумй нилобй ва амсоли хамин басо назаррабову диловез, чун арусони чаман аз вазидани насими накхатомез чавлон зада сабук мехироманд. Гулхои ин гулзор харгиз пажмурда, камрангу хазон намегарданд, харгиз боди хазон баргхояш онро нисори замини зарринкабо намегардонад. Ин гулистон барои чахор фасли сол яксон мемонад. Накхату буйи гулхои рангорангаш дар ин чор фасл ба аксои олам пахну парешон мегардад ва ба дардхо дармону ба калби мардуми сайёра сомон мебахшанд. Шайх Саъдй аз офариниши ин кохи адаб шод аст. Аз он шод аст, ки барои миллаташ, барои инсонхои сайёра чунин гулбоги тару тозаро ороста кардааст. Умри хешро зоеъ нагузаронидааст. Ва худ, ки марди окилу фозил буд, пайгамбаронаву сохирона ояндаи «Гулистон»-ро дониста, шоиставу арзанда гуфтааст:

Ба чй кор оядат зи гул табаке,Аз «Гулистон»-и ман бибар варане.

35

Page 36: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Гул уамин панч РУ3У шаги бошад,В-ин «Гулистон» уамеша.хуш бошад.

Оре, хдк, ба чониби Саъдист. «Гулистон» бехазону човидон аст ва хамин тавр хохад монд.

Саъдй «Гулистон»-ро пас аз «Бустон» иншо кардааст. Ин шохасар аз тарафи ховаршиносон ва мухаккикони ватаниву хоричй яке аз бузургтарин асари давру замон эътироф шудааст ва ба забонхои гуногуни дунё тарчума гардидааст. Ба ганчинаи фархангу адабй тамаддуни башарй хамчун ганчи пурбахои акдонй ворид гардидааст.

«Гулистон» соли 1258 эчод шудааст. Чунонки дар боло зикр шуд, аз хашт равза ё боб иборат аст. Таваччух, кунед ба накша:

Гулистон асари насрист, вале бо порахои шеърй, кдтъахо, рубоиёт ё байтхои алохида ороста шудааст. Баъзан хикоёти назмй низ омадаанд, вале онхо хеле каманд. Дар охири хикоёт порахои шеърй оварда шудаанд, ки онхо фикри нависандаро чамъбаст менамоянд ё хулосаи хикоят мебошанд. Масалан, хикояи зерро бигирем:

«Яке аз мулуки (подшох) беинсоф порсоеро пурсид:- Аз ибодатхо кадом фозилтар аст?Гуфт:

36

Page 37: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

- Typo хоби нимруз, то дар он як нафас халкро наёзорй!»Пас аз ин нависанда фикрашро хулоса намуда, к,итъаи

поёнро меорад:

Золимеро хуфта дидам ними руз,Гуфтам: «Ин фитнаст, хобаш бурда беу!В-он ки хобаш бех, зи бедорй бувад,Аз чунон бару зиндагонй мурда бех;!

Саъдй «Гулистон»- ро бо дебочае o f o 3 кардааст. Дар он нависанда сабабу максади асарро баён кардааст. У бо камоли ифтихор аз натичаи сафари тулониаш (30 сол), аз дидаву шунидахояш, аз холу ахволи халкхои кишвархои дунё ёдовар шудааст. Пасон таъкид менамояд, ки хамаи ин дурру гухар, хазонаи зару зевар набояд дар дил бимонаду онро ба гур бибарам. Зарур ва карзи хеш медонам, то дари хазинаи суханро барои миллатам, барои мардуми кишварам, барои инсонхои руи замин бикшоям ва аз дурру гухари ноёб нисорашон бикунам. Алхак,, бо камоли шоистагй ин амалро сомон дод. Дар хамин дебоча дар бораи мамдухони хеш - шохони Форс - Атобакон, аз чумла Абубакр ибни Саъдй Зангй гуфтани чанд чумларо муносиб донистааст.

Пас аз ин Саъдй таркиби фаслхои «Гулистон-ро» ёд карда ва ин шохасарро бо овардани байти зер o r o 3 кардааст:

Дар он муддат, ки моро вак,ти хуш буд,Зи уицрат шашсаду панцоуу шаш буд.Муроди мо насиуат буду гуфтем,Хаволат бо Худо кардему рафтем.

Саъдй боби аввалро ба кору рафтор ва кирдори подшохон бахшидааст. Яъне «Сирати подшохон» хамин маънои болоро дорад. Нависанда дар хамин фасл сирати подшохонро бо некию бадиашон ба воситаи хикоёти пандомуз нишон додаст. Ин фасл давоми мантик,ии боби нахусти «Бустон»-и нависанда мебошад. Агар он чо Саъдй дар бораи усули давлатдорй, интихоби ашхоси олирутба, нигох доштани лашкару аскар сухан гуфта бошад, акнун дар «Гулистон» дар бораи чигунагии шохон: хайру саховат, некиву адолат, мехрубониву шафкати подшох нисбати раияти кишвар хикоёти рангин меорад. Ва мутавозй бар ин

37

Page 38: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

хисоли номубораки шохони бедодгар, золим, носипос, берахму шафкатро сахт ба зери тозиёнаи танкид мегирад ва бо овардаии хикоёти иаидомуз кирдори ношоистаи чунин шохонро махкум менамояд. Кахрамон ва иерсонажхои хикоёти Саъдй подшохони асрхои иешинанд, ки онхо дар таърих хох бо некй ё хох бо бадиву бадкирдорй дар байни халкдои олам шухрат ёфтаанд. Гузашта аз ин, баъзан хикоётро аз номи «подшохе», яъне бе ном овардааст. Масалан, боби нахуст бо чунин хикоят огоз ёфтааст: «Подшохеро шунидам, ки ба куштани асире ишорат кард. Бечора дар холати ноумедй маликро дашном додан гирифт: «Хар кй даст аз чон бишуяд, хар чй дар дил дорад, бигуяд».

Вакрги зарурат чу намонад гурез,Даст бигирад сари шамшери тез.

Малик пурсид:- Чй мегуяд?Яке аз вузарои некмахзар гуфт:-Эй Худованд, хамегуяд: «Валкозимин алгайз вал офина

анниннос».Маликро рахмат омад ва аз сари хуни у даргузашт. Вазири

дигар, ки зидди у буд, гуфт:- Абнои чинси маро нашояд дар хазрати подшохон чуз ба

ростй сухан гуфтан. Ин маликро дашном дод ва носазо гуфт.Малик руй аз ин сухан дархам оварда гуфт:-Маро он дуруги вай писандидатар омад аз ин рост, ки ту

гуфтй, ки руйи он дар маслихате буд ва бинои ин бар хубсе (бадй) ва хирадмандон гуфтаанд: «Дуруги маслихатомез бех, ки рости фитнаангез».

Саъдй дар ин хикоят подшохони хирадманду баинсофро ситоиш кардааст ва дар баробари ин таъкид менамояд, ки бояд шох дар наздаш вазирони хирадманду баинсофро гирд оварад, ба мансаб лоик бигардонад ва амсоли вазири нахуст бошад. Аз ин нигох ин панде буд барои шохони замонаш. Гузашта аз ин, Саъдй дар анчоми хикояи мазкур боз ба насихати шохон гузашта, ононро ба инсофу адолат мехонад:

Цауои, эй бародар, намонад ба кас,Дил андар Цауонофарин банду бас.

38

Page 39: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Макун такя бар мулки дунёву пушт,Ки бисёр кас чун ту парварду кушт.Чу оуанги рафтан кунад цони пок,Чи бар тахт мурдан, чи бар руйи хок!

Пас аз ин дар «Гулистон» боз хикояте омадааст, ки корхои ношоиста, чабру зулми шохон, ба дунёпарастй, чамъ намудани сарвату бойигарй машгул будан ва барои ин садхо шахру дехот ва кишвархоро хароб намуданро сахт накухиш намудааст. Ин хикоят чанбаи вокей дорад. Саъдй хикоят мекунад: «Яке аз мулуки (подшох) Хуросон султон Махмуди Сабуктегинро ба хоб дид, ки чумлаи вучуди у рехта буд ва хок шуда, магар чашмони у, ки хамчунон дар чашмхона хамегардид ва назаре хамекард. Соири хукамо (чамъи хокимон, донишмандон) аз таъбири он фуру монданд, магар дарвеше, ки ба чой овард ва гуфт:

- Хануз нигарон аст, ки мулкаш ба дигарон аст».Султон Махмуди Газнавй шохе муктадир, мутаассиб ва

сарватманд буд. Кишвархои зиёд, аз чумла Хиндустонро горат кард, давлату дунё гирд овард, вале чунонки Саъдй мегуяд, окибат зери хок шуд. Дар хок хам чашмаш ба давлату сарваташ нигарон, давлату сарваташ ба дигарон. Ба ин восита Саъдй ба подшохони замонаш рузгори Махмуд, кору рафтори ин подшохи горатгари дунёпарастро мисол оварда, махкуму мазаммат мекунад ва огохашон менамояд, ки харгиз ба ин рох нараванд, набошад дар гур хам чашмашон ба ин давлату сарваташон нигарон мешавад, хатто дар гур хам осуда буда наметавонанд. Саъдй ба ин восита Чингизу чингизиёнро, ки дар рузгораш буданду дар хиёнату чиноят, дар афзун намудани бойигариву сарват аз Махмуди Газнавй гуйй сабкат мебурданд, ба зери тозиёнаи танкид мегирад. Чунонки дидем, дар хикояи «Чашмони Махмуд» фикри чамъбастй аз номи дарвеши бечорае оварда шудааст. Ин ба он маънист, ки агар шох мисли султон Махмуд бошад, пас аз марг хам ноосуда аст, чазояшро мебинад. Ба хамин хотир кору рафтори ин шохи беинсоф барои шумо бояд панд бошад, бояд шумо дар назди халк, дар назди Худо тавба кунед ва ба ин рохе, ки султон Махмуд рафт, наравед.

Саъдии Шерозй асоси пойдорй ва шукуфоии кишвар ва

39

Page 40: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

осудахолии раиятро дар симои подшохй одилу баинсоф ва хирадманд мебинад.

У дар бисёр хикоёташ таъкид мекунад, ки агар шох ин рохро нодида бигирад ва ба раият зулму тааддиро раво бинад, кишвар пойдор нахохад монд. Саъдй барои исботи фикри боло хикояте меорад, ки мазмуни он чунин аст: «Яке аз мулуки (подшохон) Ачамро хикоят кунанд, ки дасти татовул (чабру ситам, хиёнат) ба моли раият дароз карда буд ва чабру азият огоз карда, то ба чое, ки халк; рохи гурбат гирифтанд. Чун раият кам шуд, иртифои вилоят нуксон пазируфт ва хазина тихй монд ва душманон зур оварданд.

Боре ба мачдиси у китоби «Шохнома» мехонданд дар заволи мамлакати Заххок ва ахди Фаридун.

Вазир маликро пурсид:- Х,еч тавон донистан, ки Фаридун, ки ганчу мулку хашам

надошт, чй гуна бар у мамлакат мукаррар шуд? Гуфт:- Ончунон, ки шунидй халк,е бар у ба таассуб гирд омаданд

ва таквият карданд, подшохй ёфт.Гуфт: -Эй малик! Чун гирд омадани халк,е мучиби

иодшохист, ту халкро парешон барои чй мекунй? Магар сари подшохй кардан надорй?

Малик гуфт:- Мучиби гирд омадани сипоху раият чй бошад?Гуфт:-Подшохро карам бояд, то бар у гирд оянд, то дар панохи

давлаташ эмин нишинанд ва туро ин хар ду нест».Подшох аз ин суханони талхи вазир ранчиду уро ба зиндон

фиристод. Чанд муддате нагузаш та, ба андак саъйи душманонаш ва дастгирии раияту лашкар подшохй аз дасташ бирафт.

Саъдй мохияту максади хикояро ба ин тарик чамъбаст намудааст:

Подшоуе, к-у раво дорад ситам бар зердаст, Дустдораш рузи сахтй душмани зуровар аст.Бо раият сулх, кун в-аз чанги хаем эмин нишин,3-он ки шоуаншоуи одилро раият лашкар аст.

Х,амин тавр, ибораи «сулх бо раият» маънои васеъ дорад. Агар зиндагии раият хуб бошаду аз хар гуна зулму тааддии

40

Page 41: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

золимон эмин, агар худи шоху вазир баинсоф бошанду дар хакки раият некиро раво бинанд ва чашми тамаъ аз моли онон бигиранд ва нихоят кори хеш ба муроди раият бикунанд, хамин аст «сулх бо раият»-и кишвар, хамин аст пойдории мулк ва нихоят хамин аст голибияти Фаридун аз болои Заххоки золиму хунхор. Агар ба чунин рох, ки гуфтем, гом назанад, золиму зулмпарвар бошад, барои хеш дунёву сарват чамъ кунад ва кишвару раиятро аз хокимону волиёни ситамкор, беинсоф, чаббор мухофизат нанамояд, дар он сурат ин ду кувваи бузург- раият ва лашкар аз чунин подшох ру бигардонанд ва мулк ба осонй аз дасташ биравад ва мисли Заххок хокдахан бигардад. Хулосаи Саъдй чунин аст:

Накунад цаврпеша султонй,Ки наояд зи гург чупонй.Подшоуе, ки таруи зулм афканд,Пойдевори мулки хеш биканд.

ГУМАНИЗМИ САЪДЙ

Инсондустй, башардустй монанди Як хати сурх аз байни «Куллиёт»-и Шайх Муслихиддин Саъдии Шерозй мегузарад. Ин гоя яке аз рукнхои асоси осори бузургони карнхои пешин ва бахусус дини мубини Ислом аст. Хануз дар хадисхои расули акрам (с) ин масъала ёд шуда буд. Масалан, дар хадисе омада, ки муъминон мисли аъзои як пайкаранд. Оре, хамин тавр хам буданд. Агар ин тавр намебуданд, Ислом ин тавр чахонгир намешуд. Шайх Саъдй бошад, хамин гояро инкишоф дода, пас аз 600 сол чунин гуфтаанд:

Бани одам аъзои як пайкаранд,Ки дар офариниш зи як гавуаранд.Чу узве ба дард оварад рузгор,Дигар узвуоро намонад царор.Ту, к-аз мех, нити дигарон бегами,Нашояд, ки номат нщанд одамй.

Агар ин ду гуфтаро дар киёс бисанчем, мусаллам хохад гаш т, ки Ш айхи бузургвор маънии хадисро боз хам пурдоманатар, чолибтар гардондаанд. Аз хамин нигох сухани

41

Page 42: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Саъдй тафсири хадис аст ва Шайх инсонхои сайёраро ба аъзои пайкари як одам, ба як гавхар шабех намудааст. Ба андешаи Саъдй ва вокеан хар яке аз мо медонем, ки агар ягон чои бадан (чашм, гуш, даст, пой ва г.) дардманд бишавад ва дард бикунад, тамоми узвхои дигар низ берохат мешаванд ва гуё ба дард меоянд. Оре, хамин аст гуманизми олии Саъдй ва аз хамин гуфтор маншаъ мегирад. Ба чунин хулоса омадани як инсон кори осон нест. Саъдй сафари тулонй кард, дунёро дид, бо мардуми табакахои гуногун вохурд, сухбат кард, бо мардуми одцй хамкоса шуд, асир афтод, аз замонаю зимомдорон ранчу озори зиёд дид ва боз бо чашми хеш дид, ки раият ва инсонхои кишвархои зиёди дунё дар чй хол буданд ва чй дарду алам доштанд. Бехуда нест, ки Саъдй мегуяд:

Ман аз бемуродй паям руйзард,Гами бемуродон маро хаста кард.Нахоуад, ки бинад хирадманд реш,На бар узви мардум, на бар узви хеш.Яке аввал аз тандуруетон манам,Чу реше бубинам, биларзад танам.Чу бинам, ки дарвеши мискин нахурд,Ба ком андарам луцма заур асту дурд.

Вокеан, гами бемуродон, дарвеш он калби адиби инсонпарварро ба дард овард. Зеро хешро як узви эшон махсуб медонист, ки мо дар боло гуфтем. Бинобар ин, сабаби руйзардии у гаму дарди хаёти нохуши дарвешон, хирадмандон ва инсонони чомеъа будааст.

Ба хамин гуна гуфтанхои ошкор, ифшои дарду алами хеш шоир каноат намекунад, балки болотар меравад ва шохони бедодгар, золимони зулмпарварро, ки дар чунин рох гом задаанд ё гом мезаданд, хушдор медихад, аз хашму газаби халки бечора огохашон месозад: У мегуяд, ки пашшаи бисёр пилро аз по меафтонанд. Мурчагон агар бо хам иттифок кунанд, шери жаёнро пуст мекананд:

Паиииа чу пур шуд, бизанад пилро,Бо уама сахтию салобат, ки уст.

42

Page 43: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Мурчагонро чу фитад иттифок,,Шери жаёнро бидаронанд пуст.

Дар ин чо Саъдй бо овардани тамсил чондорхои хурди табиат - пашша ва мурча андешаро баён кардааст. Кахрамони лирикй гуфтан мехохад, ки агар пашшаю мурча чонашон ба хатар ояд, зулму бедодй бинанд, иттифок баста хатто фил ва подшохй хайвонот - шерро маглуб хоханд кард. Дар ин маврид Саъдй аз санъати мачозу киноя бамаврид истифода бурда, дар симои пашшаю мурча халк,, кувваю неруи раиятро нишон додааст.

Саъдй бо ин гуфтор каноат накарда, пасон фикрашро ба он чабборон ошкор баён мекунад:

Сари паяцаи нотавон бар мапеч,Ки гар даст ёбад, барой ба х,еч.Набинй, ки чун бо х,ам оянд мур,Зи илерони чангй бароранд шур.

Дар чои дигар Саъдй хикояте овардааст ва дар он мардуми халкозор, шохону хокимони чабборро сахт накухиш менамояд ва хари боркашро аз онон болотар мегузорад: «Омилеро шунидам, ки хонаи раият хароб кардй, то хазинаи султон обод кунад. Бехабар аз кавли хакимон, ки гуфтаанд: «Х,ар кй Худойро биозорад, то дили халке ба даст орад, Худованди Таъоло хамон халкро бар у гуморад, то димор аз рузгораш барорад»

Оташи сузон накунад бо сипанд,Он чй кунад дуди дили дардманд.

Сари чумлаи хайвонот, гуянд, ки шер аст ва камтарини чонварон хар. Ва ба иттифок хари борбар бех, ки шери мардумдар.

Мискин хар агарчи бетамиз аст,Чун бор уамебарад, азиз аст.Говону харони борбардор Бех, з-одамиёни мардумозор.

Оварданд, ки яке аз ситамдидагон бар у бигзашт ва дар холати табохи у тааммул карду гуфт:

43

Page 44: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Намонад ситамгори бадрузгор,Бимонад бар у лаънати пойдор.

Х,икоёти “Гулистон„-ро метавон ифшогари дарди зиндагии инсонх,о номид. Лавхдх,ои хаёти вокеии инсонхо бисёр одилонаю окилона, бисёр табиию хакикатнигорона ба калам омадааид. Чунин тасвирхо, чунин нигоришоти вокеии пурмухтаво, ки махз эчодиёти Саъдиро фаро гирифтаанд, хамин инсондустй - гуманизми олии уст.

Ба мо маълум аст, ки замони Саъдии Ш ерозй яке аз даврахои пурошубтарини хаёти халкамон бо шумор меравад. Мамлакат аз дасти чингизиён хароб ва бисёр шахрхои калон ба хок яксон гардида буданд. Дар ин давр истилогарони хоричй— мугулхо ва истисморкунандагони дохилй — феодалони махаллй бо хам забон як карда, раиятро талаю тороч мекарданд. Андозхои зиёд аз дехконон меситонданд.

Саъдй дар хамин замона зиндагй карда ва ин ходисаю вокеъахои руйдодаистодаро бо чашмони худ дида, харгиз дар канор истода наметавонист. Махсусан дар «Гулистон» ба воситаи хикоятхои хурди пандомез хаёти ичтимой—сиёсии давраашро нагз нишон додааст. Аз ин сабаб, мо ин асарро на факат асари ахлокй, балки мачмуи ходисаю вокеахои хакикии хаёти онруза хисоб карда метавонем.

М асалан, дар хикояти зер беадолатй, зулму золимии мугулхоро нисбат ба дехконон хеле барчаста нишон додааст:

«Султон шохи золим ва чафокор буд ва раият аз вай норизо. Боре Султон ба шикор мебарояд ва дар шикоргох, иттифокан, аз одамонаш чудо мешавад. Пас вай ба дехае меояд ва аз пеши хонае гузашта мардеро мебинад, ки чорпои худро хобонда бо таёке зада истодааст. Султон аз ин кори дехкон хайрон мешавад ва аз у сабабашро мепурсад. Дехкон дар чавоб мегуяд: «Ман инро аз он сабаб занам, ки факат устухонаш ба подшох монад, то ин ки у хайвонро аз аз ман бекор наситонад». Ба гайр аз ин, марди дехкон ба у дар бораи беадолатии подшохй диёр, зулми у бисёр гапхо зад. Рузи дигар шох ба пойтахти худ рафта, дехконро чег зада меорад. Дехкон фахмид, ки он мехмон шохи диёр будааст, метарсад, аммо мардонагиро аз даст надода, ба шох хитоб карда чунин мегуяд:

44

Page 45: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

На тащо манат гуфтам, эй иищриёр,Ки баргаштабахтиву бадрузгор.Чаро хаиш бар ман гирифтию бас,Манат пеш гуфтам, х,ама халк, пас.Туро чора аз зулм баргаштан аст,На аз зулм бечорае куштан аст.Зи номеурубонй, ки дар даври туст ,Хама олам овораи цаври туст.А цаб, к-аз манат бар дил омад дурушт,Бикуш, гар тавонй х,ама халк, кушт.

Махсусан, мисраъхои:Зи но меурубонй, ки дар даври туст,Хама олам овораи цаври туст,

вок,еахои соли 658 хичриро дар назар дорад. Яъне, дар ин Хангом Салчукшох дар холати мастй намояндаи Х,алокуро, ки барои гирифтани молу хироч дар Шероз меистод, кушт ва бо хамин кушокушй cap шуда, харобии мамлакат ба нуктаи олии худ расид.

Эчодиёти Шайх Муслихидцин Саъдии Шерозй хеле бой аст. Шоир орзу дошт, ки дар чамъият адолат баркарор карда шавад. Он вакт хурсандона ва хушбахтона зиндагй хоханд кард. Аз ин чихат у ба муфтхурон ва харомхурон хитоб карда чунин мегуяд:

Бихур, то тавонй ба бозуи хеш ,Ки саъят бувад дар тарозуи хеш.Чу мардон бубар ранци роуатрасон ,Муханнас хурад дастранци касон.

Ба акидаи шоир мехнат на танхо воситаи ба вучуд овардани неъматхои моддй, инчунин воситаи хуби тарбияи хусни зохирй ва ботинии инсон мебошад.

МАКОМИ ПАНДУ АНДАРЗ ДАР «ГУЛИСТОН»

Муслихидцин Саъдии Ш ерозиро халки точику форс ва умуман мардуми олам хамчун муаллими ахлок, устоди панду андарз мешиносанд ва эътирофаш кардаанд. Албатта, чунин волоияту кадрдонй бесабаб нест. Гуё малоик хоки уро бо панду

45

Page 46: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

андарз сиришта бошанд. Х,ар як сохибдил, марди бомаърифат, чй дар замони гузашта ва чй имруз хам дар хар як нишаст, базму хурсандй, чойи сухангустарй аз гуфтори шакаррези Саъдй панде меорад, андарзи муносиб мегуяд ва бо ин камоли дониш ва фаросату маънавияти хешро назди хозирин илко мекунад, ки арзанда ва писандида бошад.

«Гулистон» хам хазинаи панд аст. Ин шохасар бо панд o f o 3

ёфта, бо панд анчом пазируфтааст. Ва он танхо аз хамин нигох инсонро рохнамост ва сухани нобро боргох. Аз ин боргох хар фард ба кадри фаросати хеш дуру гухар, зару зевар мегирад. Вале агар чун фард ба «Гулистон» ворид нагардад, чй донад, ки гулистон чй гуна гулхои ранг ба рангу хушбуй дорад:

Забои дар дауон, эй хирадманд, чист?Калиди дари ганци соуибуунар.Чу дар баста бошад, чй донад касе,Ки цавх;арфуруш аст, ё пилавар.

Акнун, ки ба «Гулистон» ворид гардидй, мебинй, ки дар дебочаи шохасараш Саъдй дар кадом маврид ба шахе сухан гуфтанро лоик донистааст, то дар назди дусту душман шармандаю шармсор нагардад:

Агарчи пеши хирадманд хомушй адаб аст,Ба вак,ти маслиуат он бех;, ки дар сухан кушй.

Вокеан, Саъдй дуруст таъкид менамояд, ки хомушй адабй шоиста аст ва бояд адаб ба чо орию дар нишастхо, дар шабнишинихо, дар сухбату бахсхо хомуширо ихтиёр кунй. Аммо хамеша ин тавр рафтор кардан низ ба назари Саъдй писандида нест. Агар донишу фаросат дошта бошй, агар тахаммул бикунй, ки кодирй дар халли ин масоил ё мушкилот, хомуш истоданат хам арзанда нест, балки ба забон ою харфи шоиста гуй:

Ду чиз тираи ак,л аст: дам фуру бастан Ба вакт гуфтану гуфтан ба вакрги хомушй.

Вале ин Сухан маънои онро надорад, ки хар вакт, ки хохй сухан гуию, дар байни сухани гуянда сухан орй. Ин амал аз руйи одоб нест. Вакте гуянда суханашро тамом кард ва ахли нишаст

46

Page 47: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

хомуш монданд, он лахза бояд сухан бигуйй. Ва ин рафтор яке аз шартхои шоистаи адаб бошад.

Саъдй дар анчоми «Гулистон» боз сари хамин масъала баргашта, таъкид менамояд, «Барои сохибдилон, ки руйи сухан бар эшон аст, пушида намонад, ки дурри маънй дар силки иборат кашидаанд ва доруи талхи насихат ба шахди зарофат баромехта, то табъи малули эшон аз давлати кабул махрум намонад:

Мо насщат ба цойи худ кардем,Рузгоре дар ин ба cap бурдем.Гар наояд ба гуши рагбати кас,Бар расулон паем бошаду бас.

Хдмин тавр, Саъдй ба хонанда гушзад менамояд, ки хар дурру гухаре буд, нисорат кардам. Г ох дар насихат сухани талхат гуфтаму гох сухани шахдрези бозарофат. Кабулашон фармо, биёмуз ва дар зиндагият истифода бар, то ба мурод бирасй.

Дигар аз рукнхои сухан гуфтан, панду андарз додан бо мулоиматй, хушгуфторй ва билохира сухани лутфомез аст.

Латофат кун он цо, ки бинй ситез,Набуррад к,ази нармро теги тез.Ба ширинзабонию лутфу хушй,Тавонй, ки пиле ба муе кашй.

Саъдй дар ин порча бамаврид аз санъати муболига истифода бурдааст. Яъне, бо лутфу хушй метавон бо муйе пили бузургчуссаро бикашй.

Ба хамин тарик,, Шайх Саъдй адабй сухбатро ба хар як марди солимфикр зарур медонад. Зеро дар халли бисёр масъалахои сиёсии додугирифти байни давлатхо, байни одамони чомеа силох хамин аст ва сухани хубу лутфомез дар хар маврид тире ба нишон хохад буд. Саъдй ба ин масъала бештар ахамият до да, ду боби «Гулистон» - бобхои чор «Дар фавоиди хомушй» ва хашт «Дар одоби сухбат» ба хамин мавзуъ бахшидааст. Ба мазмуни хикоя таваччух кунед:

«Ч,олинус аблахеро дид, ки даст дар гиребони донишманде зада бехурматй мекунад. Гуфт:

- Агар ин доно мебуд, кори вай бо нодон ба ин чо намерасид:

47

Page 48: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Ду оцилро набошад кину пайкор,На доное ситезад бо сабукбор.Агар но дон ба ваушат сахт гуяд,Хирадмандаш ба нармй дил бицуяд.Ду соуибдил нигох, доранд муйе,Хамедун саркаше в-озармцуе.В-агар ба уарду цониб цоуилонанд,Агар занцир бошад, бигсилонанд.

Дар х,икоёти боло хддафи муаллиф асосан дар байти охир басо возех ва шоирона ба калам дода шудааст. Умуман дар зиидагй кам иттифок, афтодааст, ки гаи ё маслихдти ду аблах, ду чохдл, ду ах,мак пухта, ба муроди дил расида бошанд.

Дар х,икояти «Муаллими магрибй» нависанда хамчун тарбиятгар ва педагог зохир шудааст. Биёед, нахуст ба мазмуни он шинос шавем.

Муаллимеро дар диёри Магриб дидам туршруй, талхгуфтор, бадхуй, мардумозор, гадотабъ, нопархезкор, ки айши мусулмон ба дидани у табах гаштй ва хондани «Куръон»-аш дили мардум сиёх кардй. Ч,амъе писарони покиза ва духтароне ба дасти чафои у гирифтор; на захраи ханда ва на ёрои гуфтор. Г ах орази симини якеро тапонча задию гох сок,и булурини дигареро шиканча кардй. Алкдсса, шунидам, ки тарфе аз хабоиси нафси у маълум карданд ва бизаданду биронданд ва мактаби уро ба муслихе бидоданд: порсову салим, некмарди халим, ки сухан чуз ба хукми зарурат нагуфтй ва мучиби озори кас бар забонаш нарафтй. Кудаконро хайбати устоди нахустин аз cap бирафт ва муаллими дуюминро ахлоки малакй диданду як-як дев шуданд, бо эътимоди хилми у тарки илм доданд. Аглаби авкот ба бозича фарохам нишастандй ва лавх дуруст нокарда, дар сари хам шикастандй:

Устоду муаллим чу бувад бе озор,Хирсак бозанд кудакон дар бозор.

Баъд аз ду хафта бар он масчид гузар кардам ва муаллими аввалинро дидам, ки дилхуш карда буданд ва ба чойи хеш оварда. Инсоф биранчидам ва лохавл (тавба кардам) гуфтам, ки дигарбора Иблисро муаллими малоика чаро карданд? Пирамарде зарифи чахондида гуфт:

48

Page 49: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Подшоуе писар ба мактаб дод,Лавуи симин-ш бар канор ниуод Бар сари лавуи у навишта ба зар:«Цаври устод бех, зи меури падар!»

Аз мазмуни хикоя бармеояд, ки муаллими аввал зохири нохуб, амали номатлуб дошта. Вале педагоги хуб будаает. Пеш аз хама, шогирдон аз устод тарсу харос доштанд ва ба суханаш гуш медоданду боадаб буданд ва вазифаро ичро мекарданд, аммо муаллими дуюм, ки хдлиму мех,рубон буд, шогирдон сухани устодро нашниданд ва ба корхои бехуда машгул шуданд.

Чунин рафтори омузгор бачахоро ба кучаи сарбаста рахнамо сохт. Боз волидайни шогирдон мачбур шуданд, ки муаллими авваларо ба мактаб оранд.

Ба воситаи ин хикоят Саъдй таъкид менамояд, ки интизом дар таълим суду самараи бештар дорад. Муаллим хам бояд босалобат ва сахтгир бошад, то ки кудакон дониш омузанд. Имруз хам андешаи Саъдй ахамияти калони амалй дорад, имруз хам агар ба суханони устод шогирдон гуш надиханду бехурматй намоянд, дониши дуруст гирифта наметавонанд. Омузгор, пеш аз хама, бояд синфро идора кунад, шогирдон интизом дошта бошанд ва ба сухани муаллим гуш диханд. Вагарна саъю талоши омузгор бехуда аст.

Саъдй дар хикояти дигар овардааст, ки шахси хирасаре буд, ки корхои нолоик, бикард ва мардумонро озор бидод. Насихаташ кардам, аз дидаю шунидахо барояш масал задам, аммо кабулаш наафтод ва амали хеш хамчунон идома бидод:

“Дидам, ки насихат намепазирад ва дами гарми ман дар охани сарди у асар намекунад, тарки муносибат (насихат) кардаму руй аз мусобихат бигардондам ва кавли хукаморо кор бастам, ки гуфтаанд:

Гарчи донй, ки нашнаванд, бигуй Хар чй донй зи некхоуиву панд!Зуд бошад, ки хирасар бинй,Ба ду пой уфтода андар банд.Даст бар даст мезанад, ки дарег,Нашунидам уадиси донишманд."

49

Page 50: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Чун рузгоре бигзашт, амали ношоиста бикард, пушаймон бишуд ва кунчи зиндонро манзили абад ихтиёр бикард. Дигар пушаймонй судаш накард».

Саъдй ба ин восита гуфтан мехохад, ки инсони боакл бояд панди бузургонро бигирад ва аз амали ношоистаи хеш даст бишуяд. Агар напазирад, ба ин холат бирасад. Бехуда нагуфтаанд: «Илочи вокеа пеш аз вук,уъ» бошад.

НИГОХИ САЪДЙ БА ИЛМУ *УНАР

Саъдй, ки худ марди донишманд, бомаърифату хунарманд буд, нозукихои ин пешахоро аз дигарон бехтару хубтар медонист. У зинахои камолотро ба осонй тай накарда, балки дар тули 30 сол донишу хунар омухт ва пасон имкон пайдо кард, то пасту баландихои ин пешахоро бидонад, аз худ намояд ва дар «Гулистон» ёд кунад ва ба ояндагон барои омузиш пешкаш намояд.

Аз рузхои нахусте, ки ш огирд ба м актаб меравад, масъулияти донишомузии шогирдро ба омузгор ва ба волидайн сахт алокаманд медонад:

Чу хох, й, ки номат бимонад ба цой,Писарро хирадмандй омузу рой.Хирадманду паруезгораш бидор,Агар дуст дорй, ба нозаш мадор.Биёмуз фарзандро дастранц,В- агар даст дорй чу К^орун ба ганц.

Дар шеърй боло Саъдй ба волидайн чанд шарт мегузорад. Агар ин шартхоро ба чо оварад, оянда фарзандаш донишманду хунарманд хохад гашт. Аввал дониш омузад, он гох хирадаш сайкал хохад ёфт. Дуввум тарбият ёфта бошад, ройи нек, фазилатхои хуби инсониро кабул бикунад. Аз хисоли бад орй бошад. Сеюм, мехнат бикунад ва мехнатдуст бошад. Калимаи «дастранч» хамин маъноро дорад. Боз дар охир Саъдй таъкид менамояд, ки агар падар сохиби ганчи Корун бошад хам, писараш бояд бо мехнати хеш дастранчи рузгорашро ёбад. Дар ин маврид Саъдй аз санъати талмех, яъне ёдовар шудани шахсони асотирй ё таърихй бамаврид истифода бурдааст. Корун

50

Page 51: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

гуё як шахси дунёдору сарватманд гузашта будааст, ки калиди хазинахои уро хафт шутур мебардошгааст.

Саъдй дар тарбияи шогирд ва илму хунаромузии у макоми устод, тарбиятгарро басо арзишманд медонист ва хатто «Ч,абри устодро бех аз мехри падар» хисоб кардааст.

Шоир боз таъкид кардааст, ки чун илму хунар аз устодон омухт ва сохибхунар гардид, набояд аз омузиш даст бикашад ва хешро алломаи замон шуморад, балки пайваста биомузад ва аз бузургони давр пурсад, донишашро сайкал дихад:

Бипурс .yip чй надонй, ки зулли пурсидан Далели роуи ту бошад ба иззи домой.

Бале, танхо ба хамин рох илму хунар шахсро дар байни хосу ом сохибиззат ва сохибэхтиром мегардонад. Саъдй хакикати вокеиро ба калам дода, саъю талоши фарзандони мардуми дехотро аз пайвандони шохону вазирон баргузидатар хисоб мекунад. Дар ин маврид хикоёти муносиберо овардааст:

«Хакиме писаронро панд хамедод, ки «Ч,онони падар, хунар омузед, ки мулку давлати дунё эътимодро нашояд ва симу зар дар сафар бар махал хатар аст. Ё дузд ба як бор бибарад, ё хоча ба тафорик бихурад. Аммо хунар чашмаи зоянда аст ва давлати поянда. Ва агар хунарманд аз давлат биафтад, гам набошад, ки хунар дар айнй худ давлат аст. ХаР но, ки равад кадр бинаду бар садр нишинад ва бехунар лукма чинаду сахтй бинад:

Вакрге афтод фитнае дар Шом,Хар кас аз гушае фаро рафтанд.Рустозодагони донишманд Ба вазирии nodiuoy рафтанд.Писарони вазири ноцисацл Ба гадой ба русто рафтанд.

Саъдй дар камолоти хар ду пеша, такрор ва мавриди истифода карор додани илму хунарро зарур медонад. Агар дар байни илму амал робита набошад, агар илм амалй нагардад, ин донишмандй нест. Балки олими беамал ба мисли чорпоест, ки болояш китоб гузоштаанду ин чорпо ин борро ба душ дорад:

«Ду кас ранчи бехуда бурданду саъйи бефоида карданд. Яке он, ки андухту нахурд ва дигар он, ки омухту амал накард:

51

Page 52: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Илм чандон, ки бештар хонй,Чун амал дар ту нест, нодонй!На м ууащ щ бувад на донишманд,Чорпое, бар у китобе чанд.Он тщимагзро чй илму хабар,Ки бар у уезум аст ё дафтар?

«Якеро гуфтанд: «Олими беамал ба чй монад?» Гуфт: «Ба занбури беасал».

«Хар кй илм хонду амал накард, бад-он монад, ки гов ронду тухм наяфшонд».

Саъдй ашхосеро, ки аз номи падар ё гузаштагони хеш ифтихор доранд ё фахр мекунанд, сахт накухиш кардааст.

«Аъробиеро дидам, ки писарро хамегуфт:- Туро хоханд пурсид, ки амалат чист, нагуянд падарат

кист!»Имруз хам сухани Саъдй ахамияти калони амалй дорад.

Бисёр ашхоси воломаком аз падар ифтихор намуда, донишу фаросат надоранд ва дар омухтани илму хунар саъю талош намеварзанд. Ба хамин гуна ашхос 800 сол пеш Саъдй панди судманд дода буд, ки падари хеш бошанд, бо саъю кушиш ва мехнати халол сохиби нон ва ном шаванд.

ЗАБОН ВА ТАРЗИ БАЁНИ САЪДИИ ШЕРОЗИ

Дар асри XIII забони точикй - форсй хеле мураккаб гардида буд. Дар кишвархои форсигуён насри маснуъ доман густурда, ривочу равнак дошт. Аз тарафи дигар, сабки ирокй низ дар шеърй Ачам кайхо болу пар мезад ва майдондорй мекард. Калимоту ибороти забони арабй дар назму наср макоми воло пайдо кард. Вале дар баробари хамаи ин адибоне буданд, ки нисбат ба забони модарй эхтироми зиёд доштанд ва асархои хешро бо забони соддаи оммафахм эчод карда, ба ин восита муносибати хешро ба гузаштагон баён менамуданд. Яке аз хамин гуна адибон Муслихидцин Саъдии Шерозй буд. У дар газалиёт, касидахо, рубоиёт ва китъаоташ бо як хисси баланд, бо як тарзи баёни шоирона хусни ёру зебоихои диёрро чунон васф кардаст, ки аз ин тасвирот чахон - чахон лаззат мебаред

52

Page 53: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ва дар баробари ин, ба ин восита кдлби инсон ба хдёт гармтар ва назари инсон нисбат ба оламу одам фарохтар мегардад. Ба ин газал, ки «Буйи Навруз» ном дорад, таваччух кунед:

Баромад боди субуу буи Навруз,Ба коми дустону бахти пируз.Муборак бодат ин солу уама сол,Хумоюн бодат ин рузу уама руз!Чу оташ дар дарахт афканд гулнор,Дигар манцал манех,, оташ маяфруз.Бауоре хуррам аст, эй гул, куцойй?Ки бинй булбулонро нолаву суз.Ч,ах,ои бе мо басе будасту бошад,Бародар, цуз накуномй маяндуз.Накуй кун, ки давлат бинй аз бахт,Мабар фармони бадгуйи бадомуз.Манех, дил бар сарои умр, Саъдй,Ки бар гумбад нахоуад монд ин куз.

Пас аз кироати газал кас гумон мекунад, ки онро имруз ягон шоири бузурге эчод карда бошад. Охир хама калимоту ибороташ фахмо ва газал хам ба шарху маънидод зарурат надорад. Одам, ки пир шуд, миёнаш куз мешавад. Дар ин байт Саъдй пирии хешро ёд кардааст. Яъне, коматаш хамидааст. Аз санъати мачозу киноя бамаврид истифода бурдааст. Х,амин тавр, калимахои манкал, гул, сарои умр ва амсоли ин бори маънй ба душ доранд ва фасохату балогати газалро афзун гардонидаанд.

Аз ин нигох насри Саъдй хам сода, равон ва дилписанд аст. Аммо гуфтори мо маънои онро надорад, ки кулли эчодиёти адиб якмаром ва якнавохт бошад. Охир, Саъдй забони арабиро хеле хуб медонист ва бо ин забон баъзе асархои худро иншо карда буд. Табиист, ки дар баъзе мавридхо аз калимоту ибороти лисони араб истифода мебурд ва хатто дар «Гулистон» 40-40 абёти арабиашро овардааст. Вале онхо каманд. Саъдй саъю талош меварзид, ки асархояш барои хонандаи одцй, марди дехкону коргар, галакору богпарвар дастрасу фахмо бошад, то онон битавонанд бе ягон душворй аз максаду мароми нависанда огох бишаванд. Барои мисол танхо як хикояти кутохи шайхи

53

Page 54: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

бузургворро меорем:«Лукмони Хакимро гуфтаанд:- Адаб аз кй омухтй?- Гуфт: Аз беадабон. Хар чй аз онхо ба назарам нописанд

омад, аз он пархез кардам».Метавон бо як боварии том гуфт, ки мазмуну мухтавои он

барои хар як хонанда фахмост.Дар хикояти «Пахлавони тарсончак» Саъдй бо як забони

соддаю фахмо хислатхои манфури ашхоси худхоху худбин, ки хешро ситоиш карда, дар пахлавонй чун Рустами Достон мепиндоранд, вале дар амал хечанд, балки тарсончаку бегурдаанд, нишон додааст:

«.. .Иттифоко, ману ин чавон харду аз пайи хам равон будем. Хар девори кадим, ки ба пешамон мебаромад, бо кувваи бозу меафканд ва хар дарахти азим, ки медид, бо зури сарпанча аз бех меканд ва фахркунон мегуфт:

Пил ку, то китифу бозуи гурдон бинад?!Шер ку, то кафу сарпанцаи мардон бииад?!

Мо дар ин холат будем, ки ду хинду аз паси санге cap бароварданд ва оханги куштани мо карданд. Дар дасти яке чубе ва дар багали дигаре кулухкубе буд. Ба чавон гуфтам:

Биёр он чй дорй зи мардию зурй,Ки душман ба пойи худ омад ба гуре!

Тиру камонро дидам аз дасти чавон афтода ва баданаш ба ларза даромада. Чорае чуз он надидам, ки либосу силоху чома рахо кардем ва чон ба саломат бурдем».

Мусаллам аст, ки дар ин хикоя калимоти душворфахм ба назар намерасад. Илова бар ин, калимаи «пойистан», яъне пойидан ба маънои интизор шудан, нигарон будан омадааст, ки дар шевахои кухистон калимаи серистеъмол аст. Аз ин ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки дар асри XIII дар забони адабй ин калима мавриди истифода карор дошта будааст.

Хамин тавр, Саъдй барои мардумй кардани забони асархояш саъю кушиши зиёде намуд. Саъдй дар баробари аз халк гирифтани образ, сюжетхои рангоранг, инчунин забони зиндаи халк, калимахои содцаи хушоханг, таъбирхои рехта,

54

Page 55: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

зарбулмасалу маколхои халкиро омухта, дар асархояш бо камоли махорат истифода бурд. Зимнан, бояд эътироф кард, ки Саъдй масъалахои мухими зиндагй, мавзуъхои панду ахлок, танкиди замон, адолатпарварй ва инсондустии худро ба воситаи забони сода ва хушобуранги халкй баён кардааст.

Таъбирхои рехта ва зарбулмасалу маколхои халкй агар, аз як тараф, чихатхои бадей—таъсири асархои адибро пуркувват ва барчаста намуда, ба хонандагон завки эстетикй бахшанд, аз тарафи дигар, бо санъати хайратовар мохияти ходисахои хеле мураккабро ифода менамояд. Онхо инчунин барои боз хам возеху барчаста нишон до дани чахони ботинй ва холатхои рухни персонажхо ва кахрамонони лирикй ахамияти калон доранд.

Саъдии Шерозй дар баробари аз халк омухтан ва истифода бурдани забон, услуби нигориш, таъбирхои рехтаи халкй, зарбулмасалу макол ва дигар воситахои тасвир худаш хам таъбиру иборахои дилчасп ва хушоханг, суханхои пурхикмат (афоризмхо) гуфтааст, ки дар асрхои минбаъда мавриди истифодаи адибони дигар карор гирифтаанд. Аксарияти суханони иурхикмати адиби нуктасанч имруз хам дар байни халк машхур буда, халк аз онхо дар хар маврид истифода мебарад. Онхо ба ганчинаи адабиёти шифохй хамчун зарбулмасалу макол дохил шудаанд.

САНЬ ВА НАВЪХОИ ОН

Сачъро мухаккикон як намуди санъати бадей донистаанд. Сачъ калимаи арабй буда, маънои наво, савт ё овози хуши мургони хушхон - мисли булбул, кумрй, тутиро дорад. Ва аслан хам садои мургони ёдшуда дилангез буда, ба хам монанд нестанд. Сачъ хамчун як намуди санъати бадей ё хамчун истилохи адабиётшиносй калимахоеро медонанд, ки онхо дар наср дар фосилахои муайян бо хам хамрадиф, хамкофия ва хдмвазн гардида бошанд. Яъне, дар як чумла чанд калимаю ибора пас аз фосилае омада, порахоро як низом мебахшанду охангнокй ва савтиёти онхоро таъмин мекунад. На танхо порахои як чумла, балки ин хамохангию хамкофиягй дар байни чумлахои як матн низ шуда метавонанд.

Хдмин тавр калима, ибора ва порчахои алохидаи сачъдорро,

55

Page 56: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ки дар матн омадаанд, метавон насри мусаччаъ номид. Масалан, аз «Гулистон»-и Саъдй: «Чдмоате охднги гурез карданд. Писар наърае бизаду гуфт: - Эй мардон, бикушед, то чомаи занон напушед!” Боз: - Хомуш, ки дар пастй мурдан бех, ки хочат пеши касе бурдан. Дар чумлаи аввал «Мардон бикушед» бо «занон напушед» сачь шуда омадаанд. Дар чумлаи дуввум бошад, калимахои мурдан ва бурдан, ки хамкофия шудаанд, намунаи мукаммали санъати насри мусаччаъанд.

Сачъ метавонад дар охир, мобайн ва, хдтто, дар аввали чумла биёяд. Он мисоле, ки дар боло бо хдм дидем, дар охири чумлах,ои содда омадаанд. Мисоли дигар: «Подшохе ба дидаи адкорат дар тоифаи дарвешон назар кард. Яке аз он миён фаросат ба чой оварду гуфт:

- Эй малик! Мо дар ин дунё ба чайш аз ту камтарему ба айш хуштар!».

Дар чумлаи боло калимахои чайшу айш бо *ам хдмкофия ва хамвазн шуда омадаанд. Баъдан дар ин чо насри мусаччаъ дар мобайни чумла вокеъ гардидааст.

Мурод аз истифодаи насри мусаччаъ чист?1. Нависанда ба хотири бехдару хубтар хонандагонашро аз

маънию мухтавои асар бархурдор кардан дар лахзахои мувофик аз насри мусаччаъ истифода мебарад. Аз тарафи дигар, андешаи адибро таъсирбахшу гуворо мегардонад.

2. Насри мусаччаъ барои мушаххас шудани кахрамон ва персонажх,ои асари бадей ёрии калон мерасонад. Ашхосе, ки дар гуфторашон аз насри мусаччаъ бамаврид истифода мебаранд, ба назари хонанда камолоти маънавияшон ошкор мегардад. Зеро насри мусаччаъро хдр кахрамон ё хар фард дар каломаш истифода бурда наметавонад. Бояд у, пеш аз хдма, забон ва балогату фасохдти суханро бидонад.

3. Нависанда ба воситаи насри мусаччаъ хонандаашро тарбияи маънавй медихдд. Нисбат ба забони модарй мех,ру мухаббат, шавку рагбаташро афзун мегардонад.

4. Гузашта аз ин, барои забономузй, забондонй ва дар баробари ин рушду камол ва гановати фонди лугавии шогирдон ва хонандагони сершумор заминаи устувор мегузорад. Бахусус мактабиён ба насри мусаччаъ бештару бехтар бояд таваччух, зохир намоянд ва пора-пора насри сачъдорро бояд \ифз кунанд.

56

Page 57: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Насри мусаччаъ таърихи кухан дорад. Он хануз аз асрхои IX-X o f o 3 ёфта, нахуст сода буд ва пасон дар асрхои XI-XII мураккаб гардид. Намояндагони чараёни тасаввуф Абдуллохи Ансорй, Хамидуддини Балхй, Абусаиди Абулхайр ва дигарон дар асархояшон аз ин санъати сухан бамаврид истифода бурдаанд. Дар асрхои XIII-XV насри мусаччаъ боз хам инкишоф ёфт. Махсусан дар асархои насрй ва назмии Шайх Саъдй сачъ макоми арзанда пайдо кард. Саъдй бехтарин андешахои хешро дар «Гулистон» ва дигар асархояш бо насри мусаччаъ ороста намуд.

М ухаккикони пешин ва имруз хусусиятхои насри мусаччаъро ба назар гирифта, онро ба се навъ кисмат намудаанд, ки холо хар кадомеро дар алохидагй аз назар хохем гузаронд.

Хамин тавр, санъати насри мусаччаъ ба навъхои: 1. Сачъи мутавозй, 2. Сачъи мутарраф, 3. Сачъи мутавозин кисмат шудааст.

1. Сачъи мутавозйДонишмандони улуми адабй сачъи мутавозиро ба тарзи

зайл шарх додаанд. Агар дар охири ду ё зиёда ибора ва чумлахои сода калимахое оварда шаванд, ки он калимахо бо хамдигар хамкофия, хамвазн ва аз чихати микдори харфхо баробар бошанд, ин санъатро сачъи мутавозй мегуянд. Масалан: «Ч,азои он хам бад-у расида ва расво ва парда дарида шавад».

Дар ин чумла калимахои расида ва дарида ба хам кофия шуда, санъати сачъи мутавозиро ташкил намудааст.

2. Сачъи мутаррафАгар калимахои охири ду ё зиёда ибора ва чумлаи сода дар

харфи равй мувофик, яъне хамкофия буда, дар вазн ва адади харфхо иттифок набошанд, сачъи мутарраф аст. Мисол:

«Хама хона ороста ва сахну capo аз чангу губор пироста, обу таом тайёр ва сарви ноз дар канор, модари зан хамчун ходиме хизматгор».

Дар мисоли фавк калимахои ороста-пироста, тайёр-дар канор-хизматгор сачъи мутарраф шуда омадаанд. Зеро дар ин матн баробарии харфхо ва вазн риоя нашудааст. Яъне, танхо кофия роли асосй бозидааст.

3. Сачъи мутавозин57

Page 58: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Агар дар чумлах,о калимах,о ё иборах,ои охир вазн дошта бошанду кофия, яъне хдрфи равй набошад, дар он сурат он сачъи мутавозин аст. Чанд мисол: «Як шаб тааммули айёми гузашта мекардам ва ба умри талафкарда таассуф мехурдам». «Ва бо сабаби он, ки дар он маргзор шикор бисёр буд, сайёдон он чо омадушуд бештар кардандй ва пайваста чихдти сайди вухуш ва кайди туюр доми х,илла густурдандй».

Дар назм хдм санъати сачъ истифода мешавад. Он навъхое, ки дар боло гуфтем, барои шоистаю пироста кардан ва балогату фасодати сухан мавриди истифода карор дода шудаанд.

С А ВОЛ В А СУПОРИШ:1 .Аз як лахзаи хаёти Саъдй кадом хислатхои нависандаро фахмидед?

2. Ба чй сабаб тухфаи фиристодаи подшохро к,абул кардан нахост?3. Хдёти нависандаро донишмандон ба чанд давра таксим кардаанд?4. Дар бораи зодгохи Саъдй - Шероз чй маълумот доред?5. Аз комуси адабиёти точик дар бораи шахри Шероз ва макбараи

Саъдй хонед.6. Чаро бузургони гузашта Саъдиро паямбари газал мегуянд?7. Хусусиятхои газалро бигуед. Дар бораи хусни матлаъ ва мактаъ

маълумот дихед.8. Жанрхои хурди лирикй дар эчодиёти шоир чй маком доранд?9. Ба чй максад Саъдй ба асархояш номи «Бустон» ва «Гулистон»- ро

гузошт?10. Кдсидахои Саъдй аз касидахои шоирони гузашта бо кадом

хусусиятхояшон фарк мекунанд?11. Чаро Саъдй Зангиро дар касидахояш ситоиш кардааст?12. Мавзуъи асосии газалхои шоирро гуед.13. «Бустон» аз чанд боб иборат аст?14. Чаро Саъдиро шоири гуманист мегуянд? Бо мисолхои мушаххас

маънои истилохи гуманизмро фах,монед.15. Саъдиро устод Айнй «вукуъгуй» гуфтаанд, маънии онро бо мисол

шарх дихед.16. «Гулистон» аз лихози мазмун чй гуНа асар аст?17. «Гулистон» аз кадом чиха г ба «Бустон» монанд аст?18. Нависанда дар кадом маврид хомуш будани шахсро зарур

медонад?19. Саъдй дар бораи муаллим ва рафтору кирдори у чй андеша дорад?

Оё шумо ба фикри нависанда розй хастед ё не?20. Дар бораи илму амал Саъдй чй андеша дорад? Андешахои у имруз

дойр ба ин масъала чй ахамият доранд?21. Олими беамалро Саъдй ба занбури беасал монанд кардааст. Шумо

ба ин фикр розй хастед? Дар ин бора хаттй бо чанд чумла фикратонро

58

Page 59: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

шарх, дих,ед.22. Забони асархои Саъдиро сода мегуянд, ба ин фикр розй хастед?

Агар бошед бо мисолхо фикратонро исбот кунед.23. Чаро бисёр байтной Саъдй ба хукми зарбулмасалу макол

даромадаанд?24. Панду андарзхои дар китобатон овардаро (37-то) хифз намоед, ки

онхо дар хар маврид ба шумо дусту хдмдам мешаванд. Агар дар махфилхо, шабхои хурсандй иштирок кунеду аз ин марворидхои Саъдй истифода баред, шуморо шахси бомаърифат ва сухандон мегуянд ва кадру манзалати шумо меафзояд.

25. Санъати санъ ба чанд намуд кисмат мешавад? Х,ар кадоми ин кисматхоро бо мисолхо фахмонед.

Руйхати адабиёти илмй ва методй:1. С.Айнй, Куллиёт, чилди 2, китоби якум, Душанбе, 19632. А.Афсах,зод, Дар садои бузургон, Душанбе, «Ирфон», 1986, сах. 156-

2393. Т.Миров, К.Хочаев, Ш.Исломов, Методикаи таълими адабиёти

тоник, Душанбе, «Маориф», 1992

59

Page 60: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ЧАЛОЛИДДИНИ БАЛХИ (РУМИ)(1207- 1272)

Соли 1212 буд. Чингизхон кдбилахои мугулро бо хам муттахид намуда, як кисми Хитойро ба зери тассаруфи хеш даровард.Ин чахонгири хунхор акнун майл ба сарзамини бихиштосои Осиёи М арказй дошт, тайёрй медиду чосусонашро ба шахру дехоти ин кишвархо барои ахбор овардан мефиристод. Бисёр олимону адибони ин диёр аз омад-омади ин тундбоди шум иттилоъ ёфта, бору бун бастанд ва ба мамолики Араб, Шом, Миср, Туркия ва кишвархои дигар сафар ихтиёр карданд. Маколи «Илочи вокеа пеш аз вукуъ»- ро барои хеш муносиб донистанд.

Яке аз фозилону донишмандони аср Бахоуддини Валад, ки дар Балх манзил дошту чоху чалол, ин овозахоро шунид ва бо ахли байташ, бо шогирдони сершумораш якумра диёрашро тарк кард ва мусофиратро ихтиёр намуд. Ин овоза ба гуши шохи муктадир Мухаммади Хоразмшох низ расид ва наздаш касони хосаи хешро фиристод ва Бухоро омаданашро хохиш кард. Вале Бахоуддин кабул накард. Хоразмшох ин амалро чанд сол пеш карда буд, лек хамон вакт хам аз Бахоуддин чавоби рад шунида буд. У ба ахли чоху мансаб ихлосу эътимод надошт.

Хамин тавр, Бахоуддин бо 400 нафар муридонаш, ки дар байнашон уламои ба Хак расида кам набуданд, рохи Маккаро пеш гирифтанд ва дар шахру дехот эш онро истикбол мегирифтанд ва бо мардум сухбатхо мекард ва бо уламо мубохисахо меорост. Чун ба Нишопур расиданд, Шайх Аттори Нишопурй, ки синнаш ба чойе расида, хамчун олиму адибу файласуфи шухратёр ном бароварда буду асархои зиёдаш дар байни хосу ом маълуму машхур буданд, эшонро истикбол гирифт ва мехмондориашон намуд ва чанд муддат дар ин хонадон дами фарогат заданд ва куфти рох бароварданд. Дар ин муддат Аттор бо шогирдон ва ахли оилаи Бахоуддин ошно шуд. Бахусус зиракй, хушёрй ва фаросати Чалолиддини хурдсол (6-сола) шайхро ба хайрат овард.

60

Page 61: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Мухдммад Чдлолиддини Балхй соли 1207 дар Балх ба дунё омадааст ва дар сини шашсолагй бо волидайнаш диёри балхро якумрй тарх менамояд. Падари Ч,алолиддин бо ахди оилааш сафари хешро давом до да ба Мака мераванд ва Каъбаро зиёрат мекунанд. Пас ба Димишк ва аз он чо ба Арманистон омаданд. Аз он чо ба Туркия рохи сафарро идома до да, дар Куния инони сафар бар кашиданд ва доимй зистанро ихтиёр намуданд. Мухаммади чавон дар тули сафархо аз донишмандони бузург илм омухт. Дар шахрхои Багдоду Димишк, ки бузургтарин олимон дар мадрасахо ба тадрис машгул буданд, пешашон чанд муддат шогирдй кард ва аз файзашон бархурдор гардид. Илмхои хадис, таърих, калом, адабиёт ва фалсафаро дар пеши Умар ибни Ахмад ибни Х дбибуллох, ки окилтарин ва фозилтарин олими замон махсуб мешуд, ба пуррагй омухт. Пас аз он ба Куния омада, дар яке аз мадрасахои шахр ба таълими шогирдон пардохт. Махз дар хамин давра бо шайх Шамси Табрезй вохурда, дар назди у аз илми тасаввуф даре мегирад ва ба у як унси сахт пайдо мекунад. Ин ходиса соли 1244, яъне дар 37-солагии Ч,алолидцин Мухаммади Балхй вокеъ гардида буд.

Мухаммад Ч,алолиддини Балхй аз пирони тарикат, аз устодони илму маърифат даре гирифт, обру ёфт ва шухрату макоми шоиста дар байни ахли маърифат пайдо кард. Сухбати уро хазор-хазор шогирдон гуш медоданд ва аз гуфтори шакарбораш гули маънй мечинданд. У марди рохи Х,ак буд. Барояш хама яксон буданд. Инсони пок наздаш кадру манзалат дошт. Дар байни шогирдонаш аз намояндагони динхои ислом, мусавиён ва исавиён буданд ва таълим хам мегирифтанд. Аз устод дарси инсоншиносиро меомухтанд. Худой ягонаро парастиш мекарданд.

Хднгоме, ки 17 декабри соли 1273 Чдлолидцини Балхй дар Куния вафот кард, дар шахр як шуру валвала бархост. Аз шахру дехоти кишвар ва дигар мамолики дуру наздик барои гусели ин марди шариф садхо, хазорхо ш огирдон, мухлисон, донишмандон ба Куния омаданд ва чомаи мотам пушиданд.Ч,асади Ч,алолиддинро болои тахт даст ба даст анбухи одамон ба манзили охират гусел карданд. Гурухе афгон дошту нолаи пурсуз мекард, гурухе ракскунон, дойразанон Мавлоноро хамрохй намуданд, кисме аз абёти шурангезу диловези

61

Page 62: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Ч,алолидцинро кироат доштанд ва адибон бо лахди ширадор марсияхои хешро ба хозирин мерасониданд. Х,ангомае буд ачоиб ва омузанда.

Оре, марги Мавлоно, маросими дафни Ч,алолидцин панде буд барои хдмзамонон, хамкешон, хамзабонон. Дар зиндагй, дар рафтору кирдор хдмин тавр бояд зист, хамин тавр бояд буд. Барояш х,ама баробар буданд. У мисли хуршед барои хдма: хох шох бошаду хох, гадо, хох, сарватманд бошаду хох бенаво, хох, дахрй бошаду хох, уламо яксон нур мепошид.

Ориф ва мутафаккири бузург ба оламиён собит кард, ки агар инсон якру бошаду барои инсонхо баробар хизмат кунад, уро пешво, мушкилкушои хдма дарду дармонашон мехисобанд ва фарзанду пайванди хеш медонанд. Ин гояи олии одамиятро хеле барвакт Мавлоно дарк карда буд, дар эчодиёташ инъикос намуда буд. Ба хамин хотир Мухаммад Ч,алолиддини Балхй аз хдмзабонй хамдилиро авлотар медонист ва хамдилиро дар газалиёташ, дар «М аснавии маънавй»-аш мадху ситоиш кардааст ва кулли инсониятро ба хдмдилию хамфикрй хидоят намудааст.

Аз он рузгор беш аз 700 сол - хдфт аср гузаштааст. Шахри бостонии Куния дар Туркия хеле обод гардида, турбати Мавлонои Балхй чойи ободтарини ин шахр аст. Х,ар руз аз гушаю атрофи дунё 16 хазор мухлисон, мусофирон, сайёхон ба Куния омада зиёраташ мекунанд. Д ар пешоруи турбат осорхонаи ин марди бузург комат афрохтааст. Дар он аз асархо, мактубхо ва дастнависхои нодиртарини Мавлоно, инчунин сару либос, гюйафзол ва дигар ашёе, ки ба Ч,алолиддин мансуб буданд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Ба наздикй (соли 2006) турбати Ч,алолидцини Балхй (Румй)- ро Президента Ч,умх,урии Точикистон Э. Рахмонов зиёрат кард ва баъдан аз осорхонаю Масчиди чомеи Мавлоноро дидан намуд.

МЕРОСИ АДАБИИ ЧАЛОЛИДДИНИ БАЛХЙ

Мавлоно Чдлолиддини Балхй дар таърихи адабиёти точику форс хамчун адибу файласуф шухрат дорад. Ин ду пеша - илму адаб дар эчодиёти у тавъам бо хам пайванданд. Яъне,

62

Page 63: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

мутафаккир андешахои фалсафй ва ирфонии худро ба воситаи каломи бадеъ баён намудааст. Дар бораи он, ки аз ин ду пеша дар кадомаш мукаддамтар буда бошад, ба як хулоса омадан душвор ва хатто номумкин аст. Вакте, ки газалиёти уро кироат мекунед, аз салосату балогат, аз ширинию фасохати каломи рухбахшаш ангушти хайрат мегазед ва уро аз шоирони тавонои адабиёти классики мешуморед. Яке аз шаркшиносони маъруфи дунё Е.Э. Бертеле бархак гуфтааст, ки агар лирикаи Чалолиддини Румй ба ахли илму адаб, ва умуман ба забони мардуми Аврупо тарчума мешуду дастраси онон мегардид, бешубха, ин нобигаи адабро дар катори Байрон, Хёте, Гейне, Флобер мегузоштанд ва аз газалиёти шурангезу дилангезаш як чахон лаззат мебурданд.

Номгуи мероси адабии Ч,алолиддини Балхй аз нигохи микдор чандон зиёд нест, аммо асархояш хачман бузурганд. Мероси адабии у асосан аз «Маснавии маънавй», «Фихи мо фихи» ва «Девони кабир» иборат мебошад. Газалхои орифона дар «Девони кабир» макоми шоиста доранд.

Мавзуъхои ичтимой, ахлокй дар газалу рубоиёт ва китъаоту тарчеоти адиб дида мешаванд. Масалан, шоир дар рубоии зер он касонеро, ки умрро бехуда мегузаронанд, мазаммат мекунад. Шоиста он бошад, ки аз пайи амале куши, ба халк нафърасон бошй:

Бедор шав, эй дил, ки цауон мегузарад,В-ин мояи умр ройгон мегузарад.Дар манзили тан махуспу гофил манишин,К-аз манзили умр корвон мегузарад.

Шоир саодатмандй, бахту некрузии инсонро дар покии вичдон, ростгуйию растагорй ва дар бомаърифатии у мебинад ва таъкид менамояд, ки агар одам бо чунин сифатхо ороста бошад, азизу мукаррам аст ва хар чо, ки кадам нихад, точи сари мардумон мегардад:

Хоуй, ки уамеша шоду хуррам бошй,Хар цо, ки равй азизу маурам бошй.Покиза шаву рост бизй, илм омуз,То тоци наберагони Одам бошй.

63

Page 64: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Мавлоно дар рубоиёташ ишкд поки инсониро басо самими, дилкаш ва шоирона ба калам додааст:

Бо ёр ба гулзор шудам рах,гузаре,Бар гул назаре фикандам аз бехабарй.Дилдор ба ман гуфт, ки «Ш армат бодо!Рухсори ман ин цову т у бар гул нигарй».

Дар байни рубоиёти Мавлоно мазмунхои ишкй-ирфонй низ хеле зиёданд. Ба рубоии зер таваччух намоед:

Он бут, ки цамолу зинати мацлиси мост,Дар мацлиси мо нест, надонам, ки куцост.Сарвест баланду комате дорад рост,К-аз цомати у к,иёмат аз мо бархост.

ё:Ин мастии ман зи бодай х,умро нест,И н бода ба цуз дар цадах,и савдо нест.Ту омадай, ки бодай ман резй?М ан он мастам, ки бодаам пайдо нест.

Дар рубоии охир шоир таъкид менамояд, ки ман маету мадхушам, вале ин мастии ман аз бодай сурх, аргувонй (хумро) нест, ин бодаро касе намехарад ва касе намефурушад. Агар максадат аз омадану рехтани бодай ман бошад, ба максад нахохй расид, зеро бодай ман «пайдо нест». Маънои бода ишки илохй, маърифати рохи Х,ак аст. Бале, кахрамони лирикй мает аст, масти дидори Аллох- У бода менушад, яъне дар рохи ба максад расидан саъю талош дорад ва илму дониш меомузад, то ба маъшукаи (Худой) худ бирасад.

«Фих,и мо фихи». Ин асар бо наср иншо шудааст. Адиб ва мутафаккир андешахои фалсафии худро бо сабки адабй дар зимни накшхои мухталиф эчод кардааст. Бештар аз эчодиёти шифохй истифода бурдааст. Бахусус, дар зимни латифаю мутоибахо, наклу ривоятхо андеша ва афкори хешро ба калам додааст. Масалан, дар зиндагй инсонхое хастанд, ки хар гуноху кори нохубе зохир кунанд, он гунохро хавола ба Худо мекунанд.Ч,алолиддини Балхй чунин рафтори ношоистаро намеписандад ва сахт махкум менамояд. «Он яке бар дарахти Камариддин мева мерехт ва мехурд. Худованди бог мутолиба карда гуфт:

64

Page 65: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

-Аз Худо наметарсй?!Гуфт:-Чаро тарсам! Дарахт аз они Худо ва ман бандаи Худо,

меху рам аз моли Худо!Гуфт:- Биист, то чавоб гуям. Расан биёред ва уро ба ин дарахт

бибандед ва бизанед, то чавоб зохир шудан.Фарёд баровард:-Аз Худо наметарсй?-Чаро тарсам, ки ту бандаи Худой ва ин чуби Худо».«Муаллим кудакеро хат омузад, чун ба сатр расад, кудак

сатр менависад ва ба муаллим менамояд. Пеши муаллим он хама каж аст ва бад. Ба вай ба тарики санъат ва мадоро мегуяд: «Чумла нек аст ва неку набиштй, ахсант! Ахсант! Илло ин як харфро бад набиштй. Чунин мебояд ва он як харф хам бад набиштй. Чанд харферо аз он сатр бад мегуяд ва ба вай менамояд, ки чунин мебояд набиштан ва бокдро тахсин мегуяд, то дили у нарамад ва заъфи у ба тахсин кувват гирад ва хамчунин ба тадрич таълим мекунад ва мадад меёбад».

Ба ин восита Мавлоно таъкид менамояд, ки дили кудакро ба хондану навиштан бояд кавй гардонд. Ба тарзе камбудию нуксонашро фахмонидан лозим аст, ки дилаш аз хондан намонад, балки шавку рагбаташ бояд руз аз руз афзун бигардад. Агар ин маврид муаллим кудакро маломату сарзаниш кунад, дар хакаш суханони кабех гуяд, ки ту намедонй, одам намешавй ва гайраву гайрахо, он вакт тир ба хадаф намерасад, мурод хосил намегардад.

«Бачае дар сахро ба модар гуфт: «Маро дар шаби торик сиёхие монанди дев руй менамояд ва аз ин метарсам.

Модар гуфт:-Матарс! Чун он суратро бинй, далертар бар вай хамла кун,

пайдо шавад, ки хаёл аст».Мавлоно дар ин пора шогирдонро ба нотарсию далерй

хидоят мекунад ва бо ин гуфтан мехохад, ки аз хурдй чунин сифатхоро бояд волидайн ба фарзандон бигуянд ва дар хамин рухия онхоро тарбият намоянд.

Мавлоно Чалолиддин нисбати мугулхо нафрат дорад ва дар асархояш 40-40 онхоро ба зери тозиёнаи танкид гирифтааст.

65

Page 66: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Охир, аз дасти ин хунхорон волидайн ва худи у Балх - зодгохашонро як умр тарк карданд. Хануз он рузхо он фалокате, ки чингизиён ба сари мардуми Ачам оварда буданд, дар назараш чавлон мезад. Онхо сарвату давлати бекарони халкро тороч карданд ва сарватманд шуданд: «Касе савол кард, ки мугулхо молхоро меситонанд ва эшон гох-гохе моро мол мебахшанд. Хукми он чун бошад? Фармуд: «Хар чй мугул ба мо додааст, чун оби куза аст аз дарё. Пас, моли мо ба эшон харом аст ва моли эшон бар мо халол».

Гуфт:- Мугулон, ки аввал дар ин вилоят омаданд, урён ва барахна буданд. Маркаби эшон гов буда ва силохашон чубин. Ин замон мухташам ва сер гаштаанд ва аспони тозй (арабй) хар чй бехтар ва силоххои хуб (аслихаи хуб) пеши эшон аст.

Фармуд:- Он вакт, ки дилшикаста ва заиф буданд ва куввате надоштанд, Худо эшонро ёрй дод ва ниёзи эшонро кабул кард. Дар ин замон чунон мухташам ва кавй шуданд, ки Худой таоло ба заъфи халк эшонро халок кунад».

Хамин тавр, Мавлоно дар анчоми хикоят онхо, яъне чингизиёни золимро ба марг махкум кардааст ва аз Худо ин матлабро хостааст. Дар чойи дигар бо сад дард мегуяд:

Хама Балхро чун кафи даст кард, иморати оламро паст кард.Дар «Фихи мо фихи» латифаю мутоибахои намакин зиёд

омадаанд, ки дар онхо содагй ва суханони лутфомези мардумони оддй инъикос гардидаанд. «Яке харе гум кард. Се руз руза дошт ба нияти он, ки хари худро биёбад. Баъд аз се руз харро мурда ёфт. Ранчид ва аз сари ранчиш руй ба осмон кард ва гуфт:

- Агар ба ивази ин се руз, ки руза доштам, шаш руз аз рамазон нахурам, мард набошам».

МАЗМУН ВА МУНДАРИЧДИ ГАЗАЛИЁТИ ШОИР

«Девони кабир».Девон асосан газалиёти Ч,алолиддини Балхиро дар бар

мегирад ва беш аз 50 хазор байт дар он гулчин шудааст. Газалиёти адиб беш аз 7 карн аст, ки калби ошикони шайдоро гарм намуда, ба инсонхо гизои маънавй бахшидаанд. Газалиёти Мавлоно на танхо барои форсизабонони дунё махбубият,

66

Page 67: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

волоият, арзандагй доранд, балки барои хдмаи мардуми олам макбулу азизанд. У дар газалх,ояш ишки инсон, дарду гами инсон ва бузургии инсонро ситоиш кардааст. Ч,алолиддини Балхй инсонхоро ба якдигар баробар, бародар медонист. Барои у мафхуми миллат, халк, дину мазхаб як маъно доштанд ва онхоро баробар ва яксон медонист. Душмани каттоли у Чингизхони хунхор махсуб шуд. Барои у кишвархо, давлатхо, марзу бум гуё вучуд надоштанд.

Оре, дарду гами инсон, орзую омоли ахли Сайёра магз андар магзи газалиёти шоирро фаро гирифтааст. Дар бораи тавоноии ин шоири файласуфи лирикй киссахо, ривоятхо зиёданд, ки дар хамаи онхо Чалолиддин тавсифу ситоиш ёфтааст. Мавлоно Афлокй дар бораи шахсиятхои бузурги илму адаб дар асараш хикояте, наклу ривояте овардааст. Аз чумла, дар бораи Мавлоно Чалолиддини Балхй хам чанд хикояте овардааст, ки х,оло муносиб аст як накли уро мазмунан ба шумо хикоят намоем. Чалолиддин ва Саъдй хангоми сайру саёхатхояшон ба Кунияю Шероз рафта якдигарро зиёрат карда буданд ва бо хам риштаи дустию бародарй ва хамкории адабй хам дошта буданд. Боре малик Шамсиддин ба Саъдй нома навишта хохиш менамояд, ки барояш газале иншо бикунад, ки он газал мазмуни гариб ва санъатхои ачиб дошта бошад.

Шайх Саъдй газали Мавлоно Чалолиддинро, ки бо чунин матлаъ огоз меёфт:

«Хар нафас овози иищ мерасад аз чапу рост,М о ба фалак меравем, азми тамошо кирост?»

бо номае ба Шамсиддин фиристоданд ва дар он нома Саъдй чунин нигошта буд: «Дар иклими Рум подшохе мубораккадам зухур кардааст ва ин нафокат урост. Аз у бехтар газале нагуфтаанд ва низ нахоханд гуфтан. Маро хаваси он аст, ки ба зиёрати он султон ба диёри Рум равам ва руйро ба хоки пойи у бимолам».

Дар хамин мавзуъ Давлатшох,и Самаркандй дар тазкираи хеш «Тазкират-уш-шуаро» гуфтае дорад, ки ёд кардани он айни савоб хохад буд: «Гуянд дар хонаи Мавлоно сутуне буд. Чун гарки бахри мухаббат шудй, даст дар он сутун задй ва ба чарх

67

Page 68: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

омадй ва аш ъори пуршур мегуфт ва мардум он аш ъор менавиштанд».

Суханони боло гувохи онанд, ки Мавлоноро дар рузгораш дар байни бузургон чун Саъдй эътикодмандон буданд ва эхтиромаш мекарданд. Саъдй ба газалиёти Ч,алолиддин бахои сазовор дода ва уро дар Куния зиёрат карда будааст. Ва хамчунон Чдлолиддин хам ба дидори Шайх Саъдй мушарраф гардида будааст.

Мавзуъхои газалиёти Мавлоно хеле рангинанд. Ишку мухаббати илохй ва заминй, яъне ишки поки инсонй хамсадои дили пуртугёну мехрангези ин ошику ин ориф будааст.

Базали «Эй ошикон» газали хонданист ва бо як хиссиёти баланд суруда шудааст:

1. Эй ошицон, эй ошщон, ман хокро гавхар кунам.Эй мутрибон, эй мутрибон, даффи шумо пурзар кунам2. Эй ташнагон, эй ташнагон, имруз сащ ой кунам,В-ин хокдони хуш кро Цаннат кунам, Кавсар кунам.3. Эй бекасон, эй бекасон, цоъалфарац, цоъалфарац,Хар хастаи гамдидаро султон кунам, Санцар кунам.4. М ан гуссаро шодй кунам, гумроуро х,одй кунам.М ан гургро Ю суф кунам, ман зах,рро шаккар кунам5. Эй осмон, эй осмон, х,айронтар аз наргис шавй,Чун хокро анбар кунам, чун хорро абх;ар кунам.6. Эй ацли кулл, эй ацли кулл, т у х,ар чй гуфтй, содик,й,Хоким туй, Хотам туй, ман гуф т угу камтар кунам.

Газал мазмуни ирфонй дорад. Кдх.Рамони лирикй ба Хдк расидааст ва дар байни маъшук (Илохй) ва ошик (худаш) фарк намегузорад. Ба мазмуни газал аз хамин нигох бояд назар кард.

Дар байти аввал, ки хамаи калимаю иборахояш фахмост, ба ошикону мутрибон таъкид менамояд, ки ман метавонам хокро гавхар кунам. Акнун бубинем, «гавхар кардани хок» чй маънй дорад. Ин ибораи мачозист. Яъне Мавлоно гуфтан мехохад, ки чунон кудрат дорам, ки хоки сиёхро, ки ночиз аст, гавхар кунам ва ё хокро гавхар бигардонам. Маънои дигари он ин аст, ки инсон аз хок сиришта шудааст, вале вакте ки ба хок меравад, у гавхар мешавад.

Дар мисрахои дувуми байт ба мутрибон, яъне ба68

Page 69: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

сарояндагону хофизон нидо карда мегуяд, ки дафф - яъне хдмон олати мусикии шуморо аз зар пур мекунам.

Дар байти дувум ба ташнагони рохи ХаК сакдо (обдех) шудан мехохад, то ки бо хам ин вайронаро обод кунанд.

Байтхои 3, 4 ва 5 дастрасу фахмо мебошанд. Умуман кахрамони лирикй - шоир максад дорад, то дилхои гамдидаро таскин бидихад, шодию фарах бахшад. Хатто ба осмон, ки дар баЛандисту зераш замини хоксору беозор, хитоб карда мегуяд, ки май пушту панохи заминам, хоки заминро мисли анбар хушбуй ва хорашро равшан, зебо ва хушнамуд мегардонам. Он вакт мисли наргис хайрон бимонй. Хамин тавр, хайронии осмонро ба наргис ташбех кардан заминаи вокей дорад ва хеле табий баромадааст, зеро гули наргис хамеша cap ба поён ниёз ба замин дорад. Дар мактаи газал ба Акли кулл, ки Худованд аст нидо мекунад, ки донандаи хар розу ниёз худат хастй, худат хокимй, худат хотамй.

Дар ин газал санъатхои ташбех, тачнис, талмех кинояю мачоз бамаврид истифода шудаанд.

Базали «Ишки ту шаробест» низ ба хамин мавзуъ бахшида шудааст.

1. И ищи т у шаробест, ки су зад дилу цонро,Чун ошик,и шурида нанушид кас онро.2. 3-ин бода касе то нашавад мает, надонад А х; воли дили ош щ и ошуфтаравонро.3. Онцо ки гамаш хайма занад, барканад аз бех А ндешаи кавнайну гами ному нишонро.4. Султони саропардаи ишк,аш чу назар кард,Аф рухт ба нури рухи худ цумла цауонро.5. Дар манзили уайрат мазан, эй Шаме, дари лутф, Пушида уамон бех,, ки кунй сири них,онро.

Адиб дар байти аввал матлабро баён намуда, ба ошик таъкид менамояд, ки доруи ту хам хамин шароб аст ва гайри ту каси дигар онро нанушад, зеро ту ошики шуридаю дар чустучуи маъшук хастй.

Дар байти дувум бошад, хамин масъала аниктар матрах меёбад ва кушода мешавад. Агар аз ин бода касе нанушаду мает нашавад, аз дарду гами ошики бечора огох нахохад гашт. Дар

69

Page 70: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ин чо шаробу бода илм аст, ки талабгори бода (ошик,) онро нушида, ба Х,ак наздик мешавад, мепайвандад.

Дар байти сеюм бошад, боз таъкид менамояд, ки ошик ба Х,ак ки расид, худро гум мекунад.

Дар байти чорум хамин андеша боз давом мекунад. Ошик дар он чо аз султони саропардаи ишк,, яъне Хдк дидор дид ва аз нури рухи он султон тамоми чахон мунаввар мегардад, пас дар анчоми газал, дар мактаи он ба хеш хитоб карда мегуяд, ки аз он чизи дидаат ба хайрат наой, эй Шаме, ва он чизи дидаатро аз назари ракиб пинхон бидор ва ин амал сад шоистагй дорад. Хулоса, шоир дар ин ^азал роху тарики ба Хак расиданро тавсиф менамояд ва аз чамоли Парвардигор шоду масрур мегардад.

«Бимиред, бимиред, дар ишк бимиред». Метавон ин газалро ба газалхои пеш тахлил шуда яксон донист. Зеро дар ин чо хам пеш таърифу тавсифи ишки илохист. Ба мазмуни газал таваччух намоед:

1. Бимиред, бимиред, дар шик, бимиред,Дар ишк, чу мурдед, х,ама рух, пазиред.2. Бимиред, бимиред, аз ин марг натарсед,Ки аз хок бароед, самовот бигиред.3. Бимиред, бимиред, аз ин нафс бибурред,Ки ин нафс чу банд асту шумо х,амчун амиред.4. Як теша бигиред пайи х,уфраи зиндон,Чу зиндон бишкастед, х,ама шох,у амиред.5. Бимиред, бимиред ба пеши шах;и зебо,Бари шох; чу мурдед, х,ама шох,у вазиред.6. Бимиред, бимиред, аз ин абр бароед,Чу з-он абр бароед, .\ама бадри муниред.7. Хамушед, хамушед! Хамушй дами марг аст,Хам зиндагй х,аст ин, ки зи хомуш нафиред.

Мавлоно дар ин газал мурдани инсонро хакикати вокеъй медонад ва чунонки мегуяд, аз мурдан чойи гурез нест. Агар ин тавр бошад, дар рохи ишк, дар такопуйи ишк, мурдан авлотар мебошад. Агар дар хамин рох чон нисор кардед, рухи илохиро мегиред. Пазируфтан ба мурод расидан, ишки илохиро дарёб кардан аст.

Дар байти дувум солик, яъне ошикро Мавлоно шердил70

Page 71: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

менамояд, ки дар ин рох аз марг натарсед, зеро чу мурдед, рухатон ба самовот, яъне ба боло, ба осмонхо хохад рафт.

Байти сеюм ба нафс бахшида шудааст. Шоир ва мутафаккир таъкид менамояд, ки дар тай кардани ин рох ба шумо нафс душмани каттол ва ракиб аст. Бинобар ин, то нафси хешро накушй, то аз ин банд худро рахо накунй, ба мурод намерасй. Дар ин маврид Мавлоно нафсро ба банд, ба зиндон ва солики рохи Хдкро, ки рох паймудан мехохад, ба асири дар зиндонбуда шабех намудааст. Дар байти чорум шоир таъкид менамояд, ки бояд аз нахуст ба мукобили нафс мубориза бурд ва чун аз зиндон, аз дасти нафс рахо ёфтед, шумо ба мурод мерасед, он вакт шумо шоху амиред. Зеро нафсро куштед, голиби нафси хеш гаштед. Меарзад, месазад, ки солик дар рохи шохи зебо чон нисор кунад. Ш охи зебо киноя ва рамз аст ва М авлоно Парвардигорро дар назар дорад. Агар дар ин рох солик чон дихад хам, муроди дилаш хосил мегардад ва у мисли шоху вазир хохад гашт. Мавлоно дар байти шашум боз ба масъалаи нафс, ки садди рохи солик аст, бармегардад ва таъкид менамояд, ки «Бимиред, бимиред в-аз ин абр бароед».

Он вакт шумо мисли бадр мунир хохед гашт. Хдмин тавр, холати ошиконро ба бадри мунир -мохи пурра, мохи шаби чахордах монанд кардааст. Гузашта аз ин, Мавлоно дар мактаи газали «Бимиред» инсонхоро, хох дар рохи ишк бошад ва ё дар такопуйи зиндагй, ба мубориза, ба азму субот хидоят намудааст. Бузургвор хомушй ё сукут ихтиёр карданро дар хар кор амали нохуб ва хатто марг медонад. Оре, барои ба ягон хадаф расидан, барои чомаи амал пушидани орзухо, нияту ормонхо ва хамчунин ба Хдк расидан бояд саъю талош варзид, бояд мубориза бурд, то дурри максуд ба кадр ояд.

Дар газали «Маро чй гам будй » Мавлоно ба мавзуъи мубрами руз баргашта, инсонхоро ба сабру тахаммул хидоят намудааст.

1. Гарам симу дирам будй, маро мунис чй ком будй?В-агар ёрам фацир астй, зи зар фориг чй гам будй?

2. Худое, хурмат и мардон, зи дунё форигаш гардон!А з он ки фориг астй, у зи пеши ман чй кам будй?

71

Page 72: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

3. Нигоро, гар маро ох,и в-агар уам дарду уамроуи,М акун оуу махур уасрат, ки вахт ам муут аш ам будй?

4. Буто, зебову некуй, рауо кун ин гадоруйй,Агар чашми т у сер астй, фалак мор о уашам будй.

5. Зи тамъи одамин бошад, ки хеш аз уст бегона аст, В-агар у бе тамаъ будй, х,ама кас х,олу ам будй.

6. Б и ё , чу но шав, эй м ауру на неъмат цу на давлат чу, Гар Иблис инчунин будй, гш цу соуиб алам будй.

Дар байти нахусти газал Мавлоно, яъне кахрамони лирикй, аз он ёд мекунад, ки агар ман молу сарват, симу зар дошта бошаму ёру дуетонам мухточ, бароям ин хуш нест. Молу симу зар бароям мунис шуда наметавонанд. Дар байти дувум аз Худо илтичо мекунад, ки аз дунёпарастй, аз нафси бад дустонашро рахо кун, начот дех- Дар байти сеюм шоир ба рузгори хеш бо ёри мехрубонаш ишорат мекунад, ки агар мехру мухаббат ба ман дошта бошй, вафодор бошй, пас ба хамаи додагихои Худованд шукрона бикун, дарду хасрат нанамо. Ана хамон вакт ман худро хушбахту саъодатманд хисоб хохам кард. Гузашта аз ин, шоир рафикашро ба шикастнафсй, назарбаландй хидоят менамояд ва таъкид кардааст, ки харгиз гадотабъ набошад. Агар чашмат аз молу макони дунё сер бошад, хамин бахту икболи ман шуда метавонад, мурод аз байти чорум хамин аст.

Дар байти панчум тамаъ ва тамаъчуиро сахт мазаммат кардааст. Агар шахе ба ин хисол ороста бошад, хама наздикон аз вай дурй чуянд ва агар ин хисоли баъд уро тарк кунад, хар кас уро амаку амакбача, хама уро холаю амма шаванд ва дусташ бидоранд. Ба хамин хотир дар байти шашум ёри вафодорро даъват менамояд, ки мисли мо на ба неъмат вафодор бошу на ба давлат ва танхо ба пайвандон, ёрони вафодор содик шав. Агар чунин рохро Шаме пеш гирифтй у хам мисли мо гардидй.

Мегуянд, ки акл гувохи дил аст, хар баду неке, ки аз инсон руё мешавад, нахуст аз акл сарчашма гирифта дар дил карор мегирад. Хамин тавр, дили бузургтарин, волотарин, махбубтарин узви инсон махсуб меёбад. Аз ин нигох, бояд дили

72

Page 73: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

инсонх,о поку беолоиш бош ад. Ранчондани дил, басо шигифтомезу дардомез ва гунох,и азим аст. Аз ин чост, ки Мавлоно Ч,алолиддин дар газали «Тавофи каъбаи дил кун» бузургии ин узви инсонро басо неку ситоиш ва тавсиф намудааст:

1. Тавофи каъбаи дил кун, агар диле дорй!Дил аст каъбаи маънй, т у гил чй пиндорй!2. Тавофи Каъбаи сурат Х щ ат бад-он фармуд,Ки то ба воситаи он диле ба даст ори.3. Хазор бор пиёда тавофи Каъба купи,К,абули Х щ нашавад, гар диле биёзорй.4. Хамуш, васфи дил андар баён намегунцад,Агар ба х,ар сари муе дусад забон дорй.

Пеш аз он ки газалро тахлил бикунем, зарур медонем, ки чанд сухан дар бораи Каъба, ки онро хонаи Худо гуянд, ба арзатон бирасонем. Таърих гувох аст, ки Каъбаро Хазрати Иброх,ими Халил бо писараш Исмоил бунёд кардаанд ва он чойгох зиёратгохи ашхоси гуногунмазхабу гуногуноин карор гирифт. Хатто бутпарастон ба он чо омада, бутхоро зиёрат мекарданд, тавоф менамуданд. Пас аз он, ки Ислом пайдо гардид, ба чуз Ислом зиёрат кардани дину оинхои Faftppo манъ карданд ва асли Каъбаро баркарор намуданд. Ин соли 9-уми х,ичрй, яъне соли 631 мелодй буд. Аз хамон вакту соат ахли Ислом ва умуман мусулмонони дунё ба Макка омада, Каъбаро зиёрат мекардагй шуданд. Ин мавзуъ ва ин масъаларо бузургон баррасй намуда, чунин гуфтаанд:

Д ил ба даст овар, ки Х аЧЧи акбар аст,А з уазорон Каъба як дил беутар аст.Каъба бунёди Халили Озар аст,Д ил гузарго.-\и Чалили Акбар аст.

Шоистаи гуфтан аст, ки хамин маънй дар газали «Тавофи каъбаи дил кун» хеле хуб инъикос ёфтааст, ки холо бо хам онро тахлил хохем кард.

Дар байти нахусти газал Мавлоно таъкид мекунад, ки агар дил дошта бошй, фахмишат, аклу фаросатат ба он чо бирасад, дили инсонхоро зиёрат кун.

73

Page 74: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Зиёрат кардани дил чй маънй дорад? Хдр як инсон дил дорад ва чунон, ки дар боло ёд кардем, нозуктарин аъзои инсон аст. Агар он тахдир бубинад, касе нотавонаш бигирад ва гаму андух, болояш нишинад, бисёр бад аст ва Худоро хуш наояд. Ашхосе, ки барои ранчонидани диле саъю талош меварзанд, асло Парвардигор гунохи онхоро намебахшад. Албатта, оятхои «Куръон» гуфтахои Худою расули бархаки вай Мухаммади Мустафоро Мавлоно Ч,алолидцини Балхй хонда, нагз дар ёд дошта. Бинобар ин хамин мавзуъро аз нигохи хеш дар газали боло матрах кардааст. Акнун мегузарем ба тахдили газал. Дар байти аввал Мавлоно мегуяд, ки агар акд дошта бошй, Каъбаро дил бишмору онро зиёрат кун. Албатта, зиёрат кардани дил хадафи асосии Мавлоност. Он чй маъно дорад? Маънояш он аст, ки дили инсонро наранчон, озор надех, тавонй дар гаму шодии сохибдиле бошй, дилбардориаш намо, гаму андухро аз дилаш барор. Агар хамин корро анчом бидихй, шоиста бошад. Он чизе, ки мо гуфтем, маънии каъбаи дил хамин аст ва харгиз онро нодида магир, гилаш мапиндор.

Дар байти дуввум Ч,алолиддини Балхй хотиррасон кардааст, ки он чое, ки зиёраташ мекунй, Каъбаи сурат аст ва он чоро ба он муроду максад зиёрат мекунй, ки дилеро ба даст орй ва ин дил дили Хак аст. Давоми мантикии ин байт дар байти сеюм равшантар зохир гардидааст. Дар ин маврид аз санъати муболига бамаврид истифода бурда, таъкид менамоянд, ки агар хазор маротиба пиёда Каъбаро зиёрат кунию дили касеро биёзорй, зиёрати ту дар назди Худованд кабул нашавад ва дар мактаи газал андешаашро хулоса карда, боз мегуяд, ки хазор- х,азор васфу ситоиши дил кунй, ин хануз хеле кам аст. Бинобар ин, аз ин зиёд макому манзалати дилро васфу тавсиф кардан бароям душвор аст. Бинобар ин хомуширо бароям муносиб мед о на м.

Базали «Эй кавми ба хачрафта, кучоед, кучоед?!» давоми мантикии газали боло - «Тавофи Каъбаи дил кун» буда, ашхоси сарсону саргардон- -хочиёнро хитоб менамояд, ки азобу ранч кашида, биёбону сахро тай мекунанд ва дар чустучуи маъшуканд. Вале ин маъшук дар гирду атрофи хонадони онхо, дар деху шахри онхо чашм ба рохашон истодааст. Онон ашхоси мусибатзада, гаму кулфатдида, ранчу азобкашида-дарвешон,

74

Page 75: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

мардуми камбизоатанд. Ба онон кумак бирасонед, дили онхо ёбед, тавофи дили онхо кунед, на аз пайи чустучуи сурате, буте бигардеду ба зохир бигардед. Аз хамин нигох, газали зерро тахлил кунед ва ба хаёти имруз, ба гуфтахои рохбари давлат киёс намоед:

Эй цавми ба уацрафта, куцоед, куцоед?!М аъшуц уамин цост, биёед, биёед!Маыиук,и т у уамсояи девор ба девор,Дар бодия саргашта шумо дар чй уавоед?Гар сурати бе сурати маъшук, бубинед,Хам хоцаву х,ам бандаву х,ам кибла шумоед!Сад бор аз он рох, бад-он хона бирафтед.Як бор аз он хона бад-он бом бароед!Он хонаи лутф аст, нишонуош бигуфтед,А з соуиби он хона нишоне бинамоед!

Ба чавоби ин газали дардошнову пандомуз шохбайти халки:

Об дар кузаву мо ташналабон мегардем,Ер дар хонаву мо гирди цауон мегардем

-ро метавон зикр кард. Оре, хам хоча, хам банда, хам кибла ва гузашта аз ин, кузаю хам хона дил аст ва онро бояд сачда кард, бояд шод гардонд. Х,амин аст одаму одамгарй, хамин аст лутфу мархамати инсони поку ш ариф ва чунонки М авлоно Чалолиддини Балхй гуфтааст, аз хазорон тоату ибодат, аз хазор бор зиёрати Каъба кардан зиёрати дили инсон авлотар мебошад. Гуманизми Олии Мавлоно низ дар хамин аст.Бояд гуфт, ки албатта Мавлоно зиёрати Кдъбаро фарзи Шохи бо чон мепазирад ва худ хам ба тавофи Каъба мушарраф шудааст, вале максадаш дар ин ашъор он аст, ки бояд хадфи банда дар ин кор холисона ва ошикона, барои ризои Худо бошад, на аз рохи хавою хавас.

АНДЕШАХОИ АХЛОКИИ МАВЛОНО.

Мавзуи дустй, хамраъйй, вахдату ягонагй дар газалиёти Мавлоно макоми шоиста доранд. Зиндагй ва хаёти ибратомузи Ч,алолиддини Балхй шохиди ин гуфтахои мост. Махз хамин

75

Page 76: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

дустй ва якдилй буд, ки дар сари кабри у садхо мардуми гуногунмиллат, гуногуноин чамъ омаданд ва бо як эхтиром насади уро ба хок супориданд.

Х,амин дустй, хамин шеваи рафтор ва гуфторро Мавлоно дар эчодиёташ ил ко ва васф намуд. Таваччух кунед ба газали «Ёрон хама пештар нишинанд».

М о сух,бати щ мдигар гузинем,Бар домани х,амдигар нишинем.Ерон х,ама пештар нишинанд,То чеураи х,амдигар бубинанд.И н дам, ки нишаетаем бо %ам,М ай бар кафу гул дар остинем.А з хона ба бог рох, дорем,Хамсояи сарву ёсаминем.Хар руз ба бог андароем,Гулкой шукуфта сад бубинем.

Ба назари Мавлоно бо дустони мувофик ва ёрони содик сух,бат оростан ачаб кайфияте дораду гулхои хушбуйро нисори якдигар намудан сад арзандагй. Дар баробари ин Мавлоно дустони номувофики киначу ва магруру худписандро сахт маломат менамояд. Онхоро ба сулху салох, ба якдигарфахмй, ба донистани кадри якдигар даъват менамояд. Ба андешаи Мавлоно бояд дуст аз дуст дар дил кина нагирад ва гаразхоро аз дил биронад. Х,амин аст расми дустию бародарй:

Биё, то к,адри якдигар бидонем,Ки то ногах, зи якдигар намонем.Каримон цон фидои дуст карданд,Сагй бигзор, мо х,ам мардумонем.Гаразх,о тира дорад дустиро,Гаразхоро чаро аз дил наронем?

Сарчамъй, иттиход ва якдигарфахмй метавонад хар лашкариро маглуб кунад. Бинобар ин, якдилу якмаром шудани инсонхо гарави муваффакият аст:

Парокандагй аз нифоц хезад,Пирузй аз иттифок, хезад.

76

Page 77: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Ту ноз кунию ёри т у ноз,Чун ноз ду шуд талон, хезад.А з ноз шавад вилояте танг,Дар дил сафари Ирок, хезад.

Хамин маъниро Мавлоно дар газали «Бар сафи Рустам занем» боз хам равшантар ба калам додааст. Шоир ёронро ба сарчамъй ва муттахидй даъват намудааст:

Тар дам аз шодиву гар аз гам занем,Ч,амъ биншинему дам бо %ам занем.М ову ёрон уамдилу х,амдам шавем,Хамчу оташ бар сафи Рустам занем.Гарчи мардонем, агар танх,о равем,Чун занон бар нав^аву мотам занем.Торной чангро монем мо,Чун-к дарсозем, зеру бам занем.М о х,ама дар цамъ одам будаем,Бори дигар цумла бар одам занем.

Вале ин панду андарзхо, ин пешниходу орзухои Мавлоно чомаи амал напушиданд. Якдигарфахмй, якдилй дар байни подшох,они кишвархои мусулмон набуд, ки лашкари Чингиз шахру дехоти бешуморро сузонд, мардуми бешуморро ба катл расонд, илму фархангро хароб кард ва худи Мавлоно ва садхо уламою удабо, хукаморо аз Ватан беватан гардонд. Ин ходисоту ин вокеот аз хотири Мавлоно Чдлолиддини Балхй харгиз ва то дами вопасинаш фаромуш нагардид ва оху афгонаш хисоб надошт. У гох-гох дили дардмандашро бо шеъри нав таскин медод ва аз даргохи Худованд илтичо менамуд, ки барои саркуб ва шикасти душмани каттоли миллаташ Шери Худою Рустами Дастонро бифрист. Зеро аз ин хокимону шохони бегона, аз ин халкй бепушту панох умед нест:

3-ин халк;и пуршикоят гирён шудам малул,О щ ою х,уйу наъраи мастонам орзуст. Гирёнтарам зи булбул, аммо зи раш ки ом,Мух,р аст бар дах,онаму афгонам орзуст.Д й шайх бо чарог х,амегашт гирди шах,р,К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.

77

Page 78: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

3-ин х1амрах1они сустаносир дилам гирифт,Шери Худову Рустами Дастонам орзуст.

М авлоно Ч,алолиддини Балхй дар поёни рузгор басо мустаманд ва дилшикаста шуда буд. Нахуст ёди Балхй вайрона мекарду дилаш реш-реш мешуд ва пасон дар айёми пирй вафоти фарзандонаш уро хеле музтар ва калбашро дардманд гардонд. Дар газали «Дасти ман гир, эй писар» холатхои рухй ва калби ноорому гирёни хешро ачаб пурсуз ба калам додааст:

Дасти ман гир, эй писар, хуш нестам,Эй к;ади т у чун шацар, хуш нестам.Не, бщ ил дастам, ки ранцур аз дил аст,Дарди дилро гулшакар, хуш нестам.То т у рафтй, цуввати сабрам бирафт,То т у рафтй, ман дигар хуш нестам.Даспщоро чун камар кун гирди ман,Хин, ки ман бе ин камар хуш нестам.Нотавонам, рафтам аз даст, эй Хаким,Даст ба ман нех,, магар хуш нестам.Сар у;аме печам ба х,ар су уамчунин,Чист, яъне, ман зи cap хуш нестам.Чашм мебандам ба х,ар дар то ба дер,3-он ки бе т у бо назар хуш нестам.

МАСНАВИИ МАЪНАВЙ Сохт ва сабки нигориши асари Мавлоно

Мавлоно Ч,алолиддини Балхй махз бо «Маснавии маънавй» дар адабиёту фарханги гузаштаи мо накши босазое гузошт. Таъсири он ба адабиёти хурду бузурги дунё назаррас аст. Ба эчоди асар соли 1225 шуруъ намуда, дар тули 10 сол онро эчод кард. Асар аз 26500 байт иборат аст. Он мисли достонхои маъмули адабиёти пешин сужети ягона надорад. Асар аз нигохи устухонбандй ба шаш дафтар кисмат шудааст ва ин шаш дафтар ба хам аз нигохи мавзуъ пайванд ё алокаманд нестанд. Як умумияти байни дафтархо ин аст, ки нахуст оёте аз «Куръон», хадисе аз Расули Акрам (с), хикоя, латифа, наклу ривоёт оварда мешавад ва пасон дар анчоми онхо максад, хадаф ва афкори

78

Page 79: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

адиб ва мутафаккир баён гардидааст. Аз ин назар онхо афкори фалсафй ва ё ирфонии Мавлоноро пурра мекунанд, таквият медихднд. Аз нигохи устухонбандй ва сабки баён «Маснавй»- ро ба «Калила ва Димна» метавон шабех донист. Масалан, барои тасдики матлабе хикоёгу латоиф ва амсолу хикматро бедарег истифода мебарад. Бахусус, услуби хикоят андар хикоят, латифа андар латифа, ривоят андар ривоят онхоро ба хам наздик гардондааст, ки мо хангоми тахлили ин асар ба ин масъала боз хохем гашт. Масалан, дафтари аввали «Маснавии маънавй» ба тарики зайл огоз ёфтааст: «Х,икояти ошик, шудани подшох бар канизак ва харидани у он канизакро». Асоси хикоя хамин аст ва вобаста ба хамин хикоят Мавлоно мавзуъро боз идома дода, хикоятро боз давом медихад ва боз хикояти «Бемор шудани канизак», «Аз шахри Самарканд боз овардани марди заргар». Хдмин тавр, хикоя хеле тул мекашад. Дар хамин хикояхои силсиладор Мавлоно андешаашро дар масъалаи хомушй, адаб ва беадабй ва нат и чаи онхо бамаврид баён кардааст. Андешахои ахлокй, фалсафй ва ирфонии хешро гох дар байн ва гох дар анчоми хикоёту ривоёт ёд мекунад, ки онхо ба мавзуи хикоёт сахт алокаманданд.

«Маснавии маънавй»-и Ч,алолиддини Балхй аз нигохи кофиябандй мисли достон ё маснавихои асрхои пешин: «Шохнома»-и Фирдавсй, «Офариннома»-и Абушакури Балхй, «Гаршоспнома»-и Асадии Туей ба тарики аа, бб, вв, гг омадааст. «Маснавии маънавй» ин тавр огоз ёфтааст:

а Бишнав аз най, чун уикоят мекунад, а В-аз цудоиуо шикоят мекунад. б К-аз найистон то маро бубридаанд, б А з нафирам марду зан нолидаанд. в Сына хоуам шаруа-шаруа аз фирок;, в То бигуям шаруй дарди иштиёц.

Дар байти аввал хикояту шикоят кофия ва мекунаду мекунад радиф шуда омадаанд. Дар байти дуввум бошад, калимахои бубридаанду нолидаанд хамкофияанд. Нихоят, калимахои фироку иштиёк дар байти сеюм хамкофия шуда омадаанд. Х,амин тавр, достонхои дар боло ёдшуда хам бо хамин тарз кофиябандй шудаанд.

79

Page 80: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Мавлоно Ч,алолидцини Балхй «Маснавии маънавй»-ро дар бахри рамали мусаддаси махзуф эчод кардааст, ки рукнхои асосии ин бахр чунинанд:

Бишнав аз най, чун х;икоят мекунад,Фо и ло тун фо и лот ун фо и лун В-аз цудощ о шикоят мекунад Фо и ло тун фо и ло тун фо и лут

Бахри рамал хеле сабук аст. Бо ин бахр устод Рудакй маснавии «Калила ва Димна»-ро ба риштаи назм кашидааст ва бо байти машхури он:

Хар ки н-омухт аз гузашти рузгор,Низ н-омузад зи уец омузгор.

маснавй огоз ёфтааст. Мавлоно хам аз ин нигох ба устод Рудакй пайравй намудааст.

Акнун бармегардем ба мазмуну мундаричаи гоявии «Маснавии маънавй». Вале пеш аз баёни ин масъала зарур медонем, ки нахуст дар бораи чараёни тасаввуф ва муносибати он ба адабиёти бадей равшание андозем.

Бояд гуфт, ки чараёни тасаввуф аз огози пайдоиши худ бо халк ва эчодиёти вай муносибати наздик дошт. Ин муносибат чй дар ифодаи афкори пешкадами халкй ва чй дар истифодаи сюжету мотив ва образхои халкй зухур ёфтааст. Рохбарон ва намояндагони аввалини чараёни тасаввуф аз байни хунармандон баромада буданд. Масалан, Ч,унайди Багдодй - косиб, Сирин - кухнафуруш, Абдулхафиз - охангар, Х,абибй - тунукасоз буданд. Пас аз асри XII намояндагони ин чараён адабиёти бадеиро хамчун воситаи асосии баёни акидахои тасаввуфии худ карор медиханд. Онхо дар асархои худ идеяи кор кардан ва бо мехнати халоли худ зиндагй намудани хар як фарди чамъиятро талкин мекарданд. Аз ин чо, мантикан он молу сарват ва боигарие, ки синфи хукмрон аз халк бо зулму истисмор чамъ менамуд, харом шуморида мешуд. Ба хамин тарик, шоирони тасаввуф ба воситаи эчодиёти худ золимон ва истисморкунандагони халкро зери танкиди сахт гирифта, садои шикоятомези худро нисбат ба замона баланд менамуданд. Дар баробари ин, мехнати халол, гояхои инсондустй, илму

80

Page 81: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

донишомузи ва дигар хислатхои неки инсониро бо як хиссиёти баланд тараннум мекарданд. Аз чумла, Абдуллохи Ансорй инсони комил гуфта касеро медонад, ки у бо халкй хеш, бо гаму андухи у шарик бошад, дури начуяд. Чунончи:

Айб аст бузург баркашидан худро,А з цумлаи халк; баргузидан худро.А з мардумаки дида бибояд омухт,Дидан х,ама касрову надидан худро.

Танкиди золимон, таргиби идеяхои пешкадами инсонй дар эчодиёти Чалолиддини Румй боз хам инкишоф ёфта, ба дарачаи камолот мерасад. Барои барчаста ифода ёфтани акидахои файласуф эчодиёти даханакии халк роли калоне бозидааст.

Масалан, Чалолиддин дар «Маснавй» мегуяд:

Чох,и мазлум гашт зулми золимон,Инчунин гуфтанд цумла олимон:«Хар ки золимтар - чах,аш пур^авлтар,Адл фармудаст бадтарро батар».Эй, ки т у аз зулм чох,е меканй,А з барои хеш доме метанй.Бар заифон гар т у зулме мекунй,Дон, ки андар цаъри чах, пай мезанй.

Шоир ба воситаи зарбулмасали халкии «Чохкан зери чох» золимони замонашро мазаммат карда, онхоро гушзад мекунад, ки агар ба халк зулму беадолатй кунанд, рузе ба он чохи аз зулм кандаи худашон меафтанд.

Ба хамин тарик, аксарияти жанрхои халкй ба адабиёти китобй дохил шуда, аз хар чихат тахаввул ва инкишоф ёфтаанд ва боз дар шакли мукаммали худ ба адабиёти дахонй баргаштаанд. Ин тахаввулу инкишоф, асосан дар вазн, сохти композитсионй, тарзи кофиябандй ва васеъ гардидани доираи мавзуъхо ба амал омадааст. Чунончи, мавзуи рубоиёти халкии даврахои кадим ишку мухаббати инсонист. Вале ба воситаи адабиёти китобй мавзуъхои сиёсй-ичтимой, пандуахлокй низ дохил шудаанд. Рубоиёти халкие, ки дар асрхои XIX-XX эчод шудаанд, аз ин мавзуъхо саршоранд.

Байр аз ин, жанрхои адабиёти китобй, аз кабили газал,81

Page 82: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

китъа, мусаммаи, мухаммас ва Faftpa ба эчодиёти даханакии халк то андозае таъсир расонидаанд. Мо намунахои зиёдеро пайдо карда метавонем, ки онхо дар жанрхои мазкур аз тарафи халк эчод карда шудаанд.

Дигар ин ки таъсири суханхои пурхикмат ё афоризмхои адибони бузурги гузашта ба эчодиёти даханакии халк хеле калон аст. Суханони пурхикмати устод Рудакй, Саъдй, Мавлоно Ч,алолиддини Балхй, Хрфиз, Ч,омй ва дигарон имруз хам хамчун зарбулмасалу макол аз тарафи халк дар хар маврид истифода мешаванд.

МАЗМУН ВА ЕОЯИ ХИКОЁТИ «МАСНАВЙ»

Мавлоно Чалолидини Балхй барои ифодаи андешахои ирфонй ва ахлокии хеш хикоёту латоифу наклу ривоёти зиёдеро дар «Маснавии маънавй» мавриди истифода карор додааст. Х,икояти «Лукмон ва гулом» аз чумлаи онхост. Мазмуни хикоят чунин аст: Хочае чанд гулом дошту Лукмон сарвари онон буд. Онхо кор мекарданд. Зохири Лукмон бад буд, яъне мисли шаб сиёх ва сурати безеб дошт. Боре хучаин ба онхо фармуд, ки рафта аз 6 o f мева оранд. Буломон мевахои пухтагию ширинро хурданд. Вакте ки хучаин сабабашро пурсид, гуфтанд, ки мевахои ширину гувороро Лукмон хурд. Хучаин бовар кард ва Лукмонро маломат кардан гирифт. Аз ин Лукмон ранчид, ки уро гуломон тухмат мекунанду хучаин бовар дорад. Пас Лукмон мачбур ба хочааш чунин маслихат дод:

Гуфт Лук,мон: Саййидо, пеши Худо Бандаи хоин набошад муртацоР Имтиуонро кор фармо, эй киё!2 Ш арбати гармоб дех; баури бало.И мтиуон кун цумла моро, эй карим,Серамон дардех, т у аз оби уамим .3 Баъд аз он моро ба саурои калон,Ту савора, мо пиёда бардавон.

1 Муртачо -умедвор2 Киё - хучаин, сардор3 Оби хамим - оби ифлоси ногувори чарм

82

Page 83: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Он гах,он бингар т у бадкирдорро,Сунъх,ои кошифи асрорро4 .

Хучаин хамин корро сомон дод. Шикамашонро аз оби ифлос пур намуд ва дар дашту сахро онхоро гардонд. Буломои пас кдй кардан гирифтанд ва он чй нушидаю хурда буданд, аз дах,он берун бароварданд. Маълум гардид, ки хдмаи мевахоро гуломон хурдаанд. Аммо Лукмон оби тозаи мусаффо кай кард. Яъне, дарунаш тозаю озода будааст:

К,ай дарафтоданд эшон аз ано,Об меовард з-эшон мевауо.Чунки Луцмонро даромад цай зи ноф,Мебаромад аз дарунаш оби соф.

Хамин тавр, ба воситаи тадбири Лукмон сирри гуломон ошкор шуд ва бегунохии Лукмон дар назди хочааш маълум гардид.

Он чизе, ки фахмидед, мазмуни зохирии хикоя буд: Вале максади асосии Мавлоно аз овардани х,икояи боло чизи дигар аст. Бояд ба ботини он назар кард ва бояд фахмид, ки муроди Ч,алолиддин аз баёни хикоя чист?

Мавлоно гуфтан мехохад, ки дар рохи Хак, пеш аз хама, шогирдони пок, росткору росткавлро бояд интихоб кард. Яъне «Илочи вокеа пеш аз вукуъ» гуфтаанд. Рохи Хак ё ба Хак расидани солик кори осон нест, калбаш бояд тоза мисли Лукмони Хаким бошад, на чун он гуломон. Хамон зайле ки дидед, зохири Лукмон хуб набуд, вале калбаш тозаю озода буд. Ана чунин инсонхои поку нексириштро бояд илм омузонанд. Ба хулосаи Мавлоно таваччух намоед:

Пас т у х,ар цуфте, ки мехо^й, бигир!Мах;ви у бошу сифоти у пазир.Н ур х;ох,й, мустаиди нур шав!Д урр х,ох,й, хешбину дур шав!

Агар хдмин корхоро сомон бидихй ва аз нахуст ашхоси арзанда ё мардони рохи Хакро дуруст интихоб намой, он вакт ба максаду мароми хеш муваффак хохй гашт.

4 Пас хохи дид хилахои пинхонии онхоро.

83

Page 84: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Хикояти «Марди баккол ва тутй»Мазмуни он чунин аст: «Марди бакколе як тутии хушгу

дошт. Х,ар чо, ки мерафт, тутй он дуконро посбонй мекард. Он тутй ба савдогарон ва мизочон хушгуйй ва нотикй мекард. Хоча рузе уро дар дукон танхо гузошта, аз пайи кори хеш бирафт. Дар дукон боз гурбае маскан дошт ва он гурба мушеро дар кунчаки дукон дид ва ба он хучум кард. Тутй аз ин харбу зарб тарсид ва аз садр ба чойи дигар парид, ки шишахои равгани бодом рехт. Чун Хоча омаду холро дид, дар газаб шуд ва бар сари тутй зад ва пархои тутй аз cap бирехт ва кал шуд. Пас аз ин тутй дигар аз ran монд. Аз ин ходиса дили Хоча малул гашт ва аз амали худ пушаймон шуд ва дарегу хасрат намуд. У бечорагону дарвешонро садака дод, то тутияш боз ба забон ояд. Аммо ин кор судаш накард ва тутй ба сухан наёмад. Боре каландари пашминапуши кал ба дукон ворид гардид. Тутй чун он каландари калро дид, ба сухан даромад ва ба каландари кал чунин гуфт:

Тутй андар гуфт омад дар замон,Бонг бар вай зад, бигуфташ дар аён,К- «Аз чй, эй кал, бо калон омехтй?Ту магар аз шиша равган рехтй?!»А з циёсаш ханда омад халцро,Ки чу худ пиндошт сох,ибдалк,ро.ъ

М азмуни хикоя хамин аст, вале муроди М авлоно аз овардани он чизи дигар. Чунонки дидед, баккол харчанд саъю кушиш карда бошад хам, тутй ба забон наёмад, мисли инсон такаллум накард, аммо чун калеро мисли худ дид, ба гуфтор даромаду нахуст дарди хешро ёд кард, ки ту хам мисли ман равган рехтию хочаат саратро кал кард. Албатта, хонандаи азиз, он чй огох шудй, ин мазмуни содаи зохир аст. Аз баёни хикоя хддафи Мавлоно чизи дигар мебошад.

Мавлоно таъкид менамояд, ки инсони пок - солики рохи Х,ак набояд зохирбин бошад, мисли он тутй, балки ба ботин назар бояд кард. Тутй, ки бо забони инсон такаллум мекунад, маънои онро надорад, ки у дар рохи Хак бошад ё аз мазмуну

5 Далк, - либоси пашмина, сохибдалк - пашминапуш.

84

Page 85: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

гояи он огох.Ин ноогохи боис шуда, ки у ба таваччух ба сутати зохир худро ба каландар баробар донистааст.

Хамсарй бо анбиё бардоштанд,Авлиёро уамчу худ пиндоитганд.Ин надонистанд эшон аз амоъ - Хает фарк,е дар миёни бемунтахго1.Хар ду чун занбур хурданд аз мауал,Лек шуд з-он нешу з-ин дигар асал.

Ба хамин хотир, нахуст бояд инсон ба ботин нигарад, бояд ботинбин бошад. Ин монанди он занбурон аст, ки яке неш дораду дигар асал. Ва шоиста он бошад, ки магзи гуфтор, яъне асали онро дарёбй. Он вакт дар рохи Хдк ба Х,ак; хохй расид.

Пас ту хар гуфте, ки мехохй бигир,Махви у бошу сифоти у пазир.Нур хохй, мустаиди нур шав!Дурр хохй, хеш бину дур шав!

ХИКОЯИ «ЧУХЙ»Х,икояти мазкур дар байни мардуми тонику форс хеле

машхур аст. Мавлоно онро бисёр шевову гуворо ба риштаи назм кашидааст:

Кудаке дар пеши тобути падар,Зор менолид, бармекуфт cap.К- «Эй падар, охир, куцоят мебаранд?То туро дар зери хоке биспаранд.Мебарандат хонаи тангу зах,ир,Н е дар у цолию не фаршу уасир.8 Не чароге дар шабу не руз нон,Н е дар он буйи таому не нишон.Не дараш маъмур, не сацфу на бом,Не дар у баури зиёе9 уец гом.Н е дар он аз баури меумон оби чох,,Н е яке уамсоя, к-у бошад панох,.

6 амо - кури, бехабарй7 мунта.\о - анчомёфта. ба охир расида8 \acup - бурё, палас9 зиё - кишту зироат.

85

Page 86: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Чисмы ту, ки бусагох,и халк; буд,Чун шавад дар хонаи куру кабуд.Хонаи безинх,ору цойи танг,К- андар он не руй мемонад, на ранг».3-ин насак авсофи хона мешумурд,Ва-з ду дида ашки хунин мефушурд.Гуфт 4}--\й бо падар: «Эй арцманд!Валлах,, инро хонаи мо мебаранд!»Хонаи морост бе тазвиру шакк!Н е х,асиру не чарогу не таом,Н е дараш маъмуру не сак;фу на бом!»

Вокеан, шояд ин латифа ё хикоят дар рузгори Мавлоно иншо шуда бошад ва ё худи Ч,алолиддин нахуст онро эчод карда ва пасон дар байни мардум шух,рат ёфта бошад. Зеро дар замони зиндагии Мавлоно дар натичаи катлу горати мугулони хунхор хаёти оммахо бисёр вазнин шуда буд ва рузгорашон вазнин гардид.

Рузгори сахти мардумро у бо чашми худ дид ва дар зимни хикояти мазкур кашшокй, нодории халкро вокеъбинона инъикос намуд. М авлоно тасвири бурдани тобути шахси бечораеро ба гуристон аз номи писараш басо дардомез ба калам додааст.

Вакте ки шоир нишонахои гурро баён мекунад, Ч,ухй ба падараш посух медихад, ки хонаи мо чунин аст ва ин майитро ба хонаи мо хоханд бурд. Ч,ух,й бошад, кахрамони латифахои халкй ба шумор меравад ва бисёр шоиру нависандагон ва гуяндагони халкй бештари фикрхои танкддиашонро аз номи Ч,ухй баён кардаанд. Мавлоно хам дар ин латифа андешаашро аз номи Ч,ухй овардааст.

Дар «Маснавии маънавй» Мавлоно хикояти «К,иссаи зани Ч,ухй ва ишва до дани у козиро» овардааст. Козй аз ишваю нози зани Ч,ух,й мафтун гардида, ошики шайдояш мешавад. ЗаниЧ,ух,й бо шавхараш маслихат намуда, ошики зор - козиро ба хонааш даъват менамояд. Х,ангоми сухбаташон Ч,ухй меояд. Занак козиро дар сандукпинхон мекунад. Ч,ухй ба занаш мегуяд, ки фардо ана хамин сандукро ба бозор бурда, онро дар бозор оташ мезанам. Чун фардо мешавад, Ч,ухй хаммол меораду

86

Page 87: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

сандукро ба у месупорад, то бар сари чорсуяш бибарад. Хулоса, ноиби козй аз ин кор хабардор шуда, сандукро бо сад динор азЧ,ухй мехарад ва козиро аз марг начот медихад.

Баркушоям, гар намеарзад, махар,То набошад бар т у х,айфе, эй падар.Гуфт: «Эй Саттор! Бар макшой роз Сарбубаста мех,арам, бо ман бисоз».Моцаро бисёр шуд дар манязид,Д од сад динору он аз вай харид.

Албатта, Мавлоно аз кору рафтори баъзе намояндагони дини ислом хуб огох буд. Дар байни онхо ашхоси нолоик, ки ба корхои ношоиста даст мезаданд ва аз мансабу чохи худ истифода мебурданд, кам набуданд. Рафтори хамин гуна ашхосро Мавлоно дар симои козй нишон додааст. Гузашта аз ин, дигар хамкорони козй, аз чумла ноиби козиро низ ба зери тозиёнаи танкид мегирад. Зеро ноиб сирри козиро пинхон намуда, уро бо хар роху восита аз чазо, аз шармандагй начот медихад. Ба ин восита Мавлоно таъкид менамояд, ки дар содир шудани чунин корхо козй бо ноибонаш хамкоса ва шариканд.

Мавлоно дар хикояи «Марди аблах ва хирс» низ ашхоси беаклу аблахро ба зери тозиёнаи танкид гирифтааст. Кдхрамони хикоя - чавонмарди пахлавоне мебинад, ки аждахое хирсеро дар мекашид. Он замон чавонмард омаду аждахоро бикушт ва хирсро аз марг начот дод. Ба хамин хотир хирс дар хизматаш камар барбаст. Боре чавонмард хеле монда шуду хобаш омад. У майли хоб карду хирс болои сараш истода ва пашахояшро аз сару руяш меронд. Марде мегузашт ва амали хирсро дид ва ангушти хайрат газид. Он мард аз чавонмард хохиш кард, то бо хирс ин кадар дустй накунад, ки пешомадаш хуб набошад. Биё, то бо хам бошему дар гаму шодии якдигар шарик шавем. Вале чавонмард кабул накард ва бо хирс дустй карданро нисбати ба дустй бо чинси худ - инсон бехтар донист.

К,исса вогуфту х,адиси аждах,о,Гуфт: «Бар хирсе манех, дил, аблах,о!Д уст й з-аблах, батар аз душманист.У ба х,ар х,ила, ки донй, ронданист»

87

Page 88: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Гуфт: «Валлох, аз у ас уди гуфт ин В-арна хирси бингарй, ин меур бин».

Пас он мард бирафту чавонмард ба хоб шуд ва хирс аз сару руи у пашша меронд. Пашшахо хирагй карданд, хирс ба газаб омад ва рафта санги бузургеро бардошта овард ва бар пашшахо, ки руи он чавонмард сайру гашт доштанд, зад. Аз зарби санг чавонмард чон ба Х,ак таслим намуд.

Мазмуни хикоя хамин аст ва М авлоно ба ин восита гуфтанист, ки дусти бо хамчинси худ шоиста бошад, дустй бо аблахон арзандагй надорад. Нависанда дар ин маврид аз санъати мачозу киноя ва рамз истифода бурдааст. Дар симои хирс ашхоси аблах, нодонро, ки шоистаи боварию эътимод нестанд, нишон додааст:

М еури аблах; - меури хирс омад яцин,Кини у меур асту меури уст кин.Гар хурад савганд уам, бовар макун,Бишканад савганд марди кацсухун ....Хар ки у гуяд ба назди мо дуру г,Дар нагирад гуфт у савгандаш фуруг.

БАДЕИЁТ ВА ТАВСИФ \ОИ ШОИРОНА ДАР ШЕЪРИ МАВЛОНО

Яке аз хусусиятхои барчастаи назми Мавлоно Чалолиддини Балхй фасохату балогат, тавсифхои шоиронаи уст, ки ба маънихои олй либоси арзандаю шоиста пушонида ва мазмуну шаклро бо хам мутаносиб сохтааст. Еазалу рубоиёти адиб бо забони шевою образнок, бо санъатхои волои бадей оростаю пироста шудаанд. Аксарияти газалиёти шоир хушохангу хушсадоянд. Онхоро охангсозон оханг баста, мутрибон месароянд. 800 сол боз базми каландарон, ош икон ва дилдодагонро гарм мегардонанд. Калби хазорхо мардуми сайёраро нурафшон менамоянд. Мавлоно, гуё хамин маъниро эхсос карда бошад, ки мегуяд:

1. Х аР муйи ман аз иищат байту газале гашта,Хар узви ман аз завцат хумми асале гашта.

88

Page 89: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

2. Хуршеди амал руят, дарёи асал хуят,Х,ар зарра зи хуршедат со^ибамале гашта.

3. Ин дил зи х,авои т у дилро ба х,аво дода,В-ин цон зи лщ о и т у бурци х,амале гашта.

Шоир дар байти аввал самимияту ишки покашро ба байту газалхои эчодкардааш ташбех, намуда ва ширинии хаёташро ба хумми асал монанд намудааст, ки ин ташбех,от дар адабиёти гузаштаи мо нодиранд. Х,амин тавр, дар байти дувум руйи махбубаашро ба Хуршеди амал ва рафтору кирдорашро ба дарёи асал шабех, намудааст, ки ин тавсифхо шоиронаанд. Байти сеюм хам бисёр олй ва самими иншо шуда, кахрамони лирикй аз чамоли дилдодааш шоду масрур гардида, чон аз дидори чононааш мисли бахори нозанин шукуфою маету махмур гардидааст.

Мавлоно Ч,алолиддини Балхй, ки бештари рузгорашро дар Куния гузаронидааст, забони туркиро низ хуб медонист ва ба ин забон такаллум ва эчод хам кардааст. Баъзе газалхои хешро бо точикию туркй иншо кардааст, ки намунаи бехтарини санъати муламмаъ ё ширу шакар махсуб шаванд:

Донй, ки ман зи олам ялгуз сани сееарман,Гар дар барам наёй, андар гамат уларман.М ан ёри бовафоям, бар ман цафо цилурсан,Гар т у маро нах,ох,й, ман худ сани диларман.Руи чу мох, дорй, ман содадил аз онам,3-он шаккари лабонат бир иккина диларман.Фирмой гамзаатро, то хуни ман бирезад,В-арна санник ускунда мир язгури ёзарман.Мох,е чу Ш амси Табрез гайрат намуду гуфто:«Аз ман дигар напурсед, ман суйладим, борар ман».

Мавлоно дар тасвири фасли бахор ва зебоихои табиат абёти рангин ва газалхои дилнишин дорад. Хонанда пас аз мутолиаи онхо эхеос мекунад, ки Ч,алолиддини Балхй ошик будааст, ошик ба ёр (хох мачозй бошад ва ё хох ирфонй) ошик ба диёр, ошик ба бахору зебоихои ин аруси сол. Шоиста он аст, ки бо як шуру хаячон. бо як мехру мухдабати шоирона бахорро васф кардааст:

89

Page 90: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

1. Бах;ор омад, бах,ор омад, бкщори мушкбор омад,Нигор омад, нигор омад, нигори бурдбор омад.2. Зи савсан бишнав, эй ращ он, ки савсан сад забон дорад, Ба дашти обу гул бингар, ки пурнацшу нигор омад.3. Гул аз наргис х,амепурсад, ки: «Чун будй дар ин гурбат, Хамегуфто: «Хушам, зеро хуш щ о з-он диёр омад.4. Бунафша пеши нилуфар даромад, ки: «М уборак бод, Ки зардй рафт у хуш кй рафт у умри пойдор омад».

Мавлоно газали «Бахор»- ро гухдрбор кардааст. Санъатхои шеърй мисли такрор ёфтани калимаю иборахои «бахор омад», «бахори лолазор», нигор, савсан охангнокии газалро таъмин кардаанд. Инчунин санъати сачъ ё мусаччаъ, ки дар газал макоми воло дорад, салосату балогат ва савтиёти онро афзун гардондааст. Аз хамин нигох ба байти нахусти газал дикдат дихед, масъала равшан мегардад.

Faftp аз ин, дар газали «Бахор» санъати ташхис бисёр бамаврид истифода шудааст. Санъати ташхис ин аст: ашёи бечон ба забон даромада такаллум мекунанд. Дар байтхои 4ва 5 наргис, бунафша ба такаллум меоянд ва чун инсон харф мезананд. Дар байти 4 гул аз наргис мепурсад, ки дар он гурбат холат чй хел буд. Худи хамин суол чанд санъати бадей дорад. Бурбат ба маънои зимистон омадааст. Шоир санъати рамзу кинояро истифода бурдааст. Инчунин зимистону бахор дар газал тазод шуда омадаанд.

Мавлоно нисбати забони модариаш эхтироми сахт дошт ва саъю талош меварзид, ки бо забони зиндаи халкаш асархояшро биофарад. У хатто забони модариаш ро аз забони арабй мукаддамтар гузошта буд:

Порей гу, арчи тозй хуш тар аст,Ишкро худ сад забони дигар аст.Буи он дилбар, чу паррон мешавад,Он забон^о цумла х,айрон мешавад.

Мавлоно хуб медонад, ки забони Расули Акрамро нодида гирифтан шоиста нест. Бинобар ин, забони арабиро ситоиш мекунад ва «тозй хуштар аст» мегуяд, вале боз таъкид менамояд, ки «порей гуй», ки «буйи дилбар» асту забони модар». Забони

90

Page 91: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

модар ва худи модарро хор макун, эх,тиромашон намо. Сухани сахти модар бароят нушдоруст.

Модар ар гуяд туро: «Марги т у бод!»Марги он х у хох;аду марги фасод!Он гурух;е, к-аз адаб бигрехтанд,Оби мардй в-оби мардон рехтанд.

MaFpyp ва мутакаббир машав, насихдти волидайнро гуш бидор, дар корх,о бо дигарон машварат кун:

Машварат идроку х,ушёрй дих;ад,А к,лх;оро ацлх;о ёрй диуад.

МАКОМ ВА ШУ^РАТИ МАВЛОНО ДАР АСР^ОИ БАЪДИНА

М авлоно Ч,алолиддини Балхй (Румй) яке аз адибон, мутафаккирон ва орифонест, ки дар таърихи фархангу адаби тонику форс макоми шоиста ва воло дорад. Гузашта аз ин, миёни халку миллатхои турктабор, Х,инд, араб, пушту ва халку кавмх,ои Аврупо шухратёр аст. Хднуз аз асрхои XIII cap карда, осораш ба забонхои дунё тарчума шудаанд. Шиблии Нуъмонй, Робиндранат Такур, М ирзо Голиб ва бахусус ш оир ва файласуфи барчаста М ухаммад И кболи Лохурй хешро пайравони Мавлоно ба калам дода, пешаш сари таъзим фуруд овардаанд. Таъсири Мавлоно дар газалиёт ва маснавихои Икбол равшан инъикос ёфтааст. Дар маснавии «Ч,овиднома»Ч,алолиддини Балхй хамчун кахрамони асосй амал мекунад. Мавлоно, Зиндаруд (Мухаммад Икбол), Дарвеши Судонй хамрох ба сафари афлок мебароянд ва дар бахсу талошхои кахрамонони асар фаъолона иштирок мекунанд. Бо камоли ифтихор Икбол ёди Мавлоно менамояд:

Нуктах,о аз Пири Рум омухтаам,Хешро дар рох,и у восухтаам.

Сабаби ин кадар махбубият пайдо кардани Мавлоно дар чист? Ба ин суол посух додан хам осон асту хам душвор. Чунонки аз тарчумаи холи адиб равшан гардид, барои Мавлоно дину мазхдб, халкияту нажод тафовут надошт. У тарафдори инсони

91

Page 92: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

комил, инсони иоку некусиришт, инсони хакбину хакшинос буд. У хамин гуна инсонхоро ситоиш карда, ононро дусти Худо ва хамсояи Худо донистааст:

Онуо, ки талабгори Худоед, Худоед!Берун зи шумо нест, шумоед, шумоед!Чизе, ки накардед гум, аз баури чй цуед?Андар талаби гумнашуда баури чароед?!Исмеду ууруф еду каломеду китобед!Цабрили аминеду расулони худоед!Дар хона нишинед, магардед ба х;ар су,Зеро ки шумо хонаву х,ам хонахудоед!Хар рамз, ки М авло бисарояд ба уацицат,Медон, ки бадон рамз сазоед, сазоед!

Хамин тавр, инсонхои поки ба ХаК расида аз акди чузъ ба акди кулл расида, бо Худо як мешаванд. Барои хамин андешахои башардустонааш баъзе олимон, шоирон, орифон маломаташ кардаанд ва «М аснавии маънавй»-ро каломи беарзиш донистаанд. Масалан, Мираббоси Лутфй бо та’ьн ба ин шохасар нигариста, дар чавоб ба он достони «анну салво»- ро иншо кард. У худписандона мегуяд:

Ин каломи суфиёни шум нест,«Маснавии маънавй»-и Рум нест.

Дар асрхои XVII ва XVIII дар Хинд чароги илму фарханги точику форс боз хам фурузонтар гардид. Доирахои адабй дар шахрхои Хинд арзи вучуд карданд ва боз хам забони дарй- точикй ривочу равнак ёфт. Адибони бузург ба камол расиданд. Бешубха, дар рушду камоли Робиндранат Такур, Мирзо Голиб, Ахмад Аббос ва чунонки дар боло гуфтем, Мухаммад Икбол таъсири эчодиёти Мавлоно басо бузург аст.

92

Page 93: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

САВОЛВА СУПОРИШХО

1. Чй зарурат пеш омад, ки волидайни Чалолидцин Ватанро тарк намудаанд?

2. Аз хикояти сухбати Аттор бо Мухаммади хурдсол ба чй хулоса омадед?

3. Мавлоно дар бораи Аттор чй андеша дорад? Шеърхои дар ситоиши Аттор эчодкардаи Чалолиддини Румиро хонед ва хифз намоед.

4. Чаро пири Мавлоно - Шамси Табрезиро катл карданд?5. Дар марги Чалолуддин мусулмонону номусулмонон

гиристанд. Ин корро онхо ба чй хотир карданд?6. Асархои Мавлоноро номбар кунед ва ба тарики мухтасар

дар бораи «Фихи мо фихи» маълумот дихед.7. Дар кадом мавзуъхо рубоиёти шоир суруда шудаанд?8. Мавзуи газалиёти Мавлоноро бо мисолхои конкретй

фахмонед.9. Базалхои ишкии Мавлоно чй хусусият доранд?10. Чаро шоир дили инсонро аз хама чиз боло мегузорад?11. Мавлоно дар бораи вахдат ва дустй чй мегуяд?12. Чаро шоир ёди Шери Худою Рустами Дастон кардааст?13. Мавлоно дар газали «Дасти ман гир» ба кй мурочиат

намудааст ва чаро?14. Номи асари Мавлоно «Маснавии маънавй»-ро шарху эзох

дихед.15. Чаро як гурух мухолифон «Маснавии маънавй»-ро

«Каломи шум» номидаанд?16. Чаро мухаккикон Мавлоноро файласуф номидаанд?17. Дар бораи чараёни тасаввуф чй медонед?18. Максади Мавлоно аз хикояти «Лукмон ва гуломон» дар

чист?19. Мисраи «Пас ту хар чуфте, ки мехохй, бигир» чи маъно

дорад?20. Муламмаъ чй хел хусусият дорад? Бо мисол ин санъати

бадеиро фахмонед.21. Чалолиддини Балхй чаро «Порей гу, арчи тозй хуштар аст»

мегуяд? Мисраъро шарх дихед.

93

Page 94: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

РУЙХАТИ АДАБИЁТИ ИЛМИ В А МЕТОДИ

1. Н.Одилов, Ч,ах,онбинии Ч,алолиддини Румй. Нашдавточик, Душанбе, 1964

2. Р. Фиш, Джалаладдин Руми, «Молодая гвардия» Москва, 1972

3. Чдлолиддини Румй, хлкоятх,ои халкии «Маснавй», Душанбе, 1963

4. Е.Э Бертельс, Суфизм и суфийская литература, Москва, 1965

5. Т. Миров, К. Хочаев, Ш. Исломов, Методикам таълими адабиёти точик, «Маориф», Душанбе, 1991.

94

Page 95: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

АМИР ХУСРАВИ ДЕ^ЛАВИ (1253-1325)

Рузгори Амир ХусравВолидайни Амир Хусрав дар Шахри

Сабз рузгори бофарогат доштанд. Вале рузгори ононро омад-омади Чингизиёни хунхор норохат кард. Падари Хусрав марди майдон ва шахси бовикоре буд ва дар катори хазорхо мардум аз ин тундбоди шум зору нолон Ватанро тарк намуда, чониби Хинд рох пеш гирифтанд. Хамин тавр,Сайфиддин Махмуд - падари Хусрав дар дарбори султонхои Дехлй ба хизмат пардохт ва дар шахрчаи Патёлаи наздики Дехлй макони зист ихтиёр кард. Соли 1253 дар хамин шахрча Амир Хусрав чашм ба чахон бикшуд. Аммо хурсандии ин оила дер давом накард. Панчаи хуношоми Чингизиён диёри бихиштосои ХИНДР° низ панча бизад ва боз чангхои хунин саросари ин кишварро ноором гардонид. Султонхои Хинд барои истикдолу озодй ба по хестанд ва алайхи душмани гаддор миён бастанд. Падари Хусрав Сайфидцини Махмуд, ки марди сипохй буд, дар ин набардхо алайхи чингизиён сахт бичангид ва далерию шучоат нишон дод. Вале дар яке аз мухорибахои сахттарин дар назди шахри Дехлй аз дасти шамшери чонситони мугул чон бидод. Он вакт Хусрав нав ба 8 кадам монда буд.

Ин ходисаи нохуш рузгори гарибонаи ин оиларо боз гамангезтар ва нохуштар гардонд. Хусрав аз худ калон чор бародари дигар бо номхои Иззуддин, Алишох, Точуддин ва Зохид дошт. Таъмин кардани рузгор барояшон осон набуд. Ба хамин маънй баъдтар Хусрав он рузгоронро ёд карда мегуяд:

Сайф аз сарам бирафту дили ман дуним монд,Дарёи ман равон шуду дурри ятим монд.

Аммо хуш бахтона, бобои Хусрав аз тараф и модар Имодулмулк ба имдодашон бирасид ва аз чихати моддй ва хам маънавй ба ахли хонавода дасти ёрй дароз кард. Хусрав тавонист дар зери каноти бобои хайрандешаш Имодулмулк

95

Page 96: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

пайрахди илму донишро тай кунад. Хусрав некихои бобояшро тамоми умр фаромуш накард.

Хамин тавр, дар пеши донишмандон ва уламои сохибном илмх,ои маъмули онвактаро омухт ва аз бар намуд. Махсусан дар илми шеъру мусик,й бемисл гашт ва дар айёми хурдсолй устодони ин фанхо имтих,онаш бикарданд

Гузашта аз ин, Хусрав пайваста эчодиёти шоирони пешин, девонхои шуарои мутааххиринро меомухту аз бар менамуд. Ба ин восита истеъдоди модарзодиашро сайкдл медод. Хамаи ин натичах,ои дилхох дод. Овозаи камолаш ба туши султонхои Х,инд расид ва уро ба дарбор даъват намуданд. Соли 1273, ки он вакт танхо аз бист бахори рузгораш бархурдор гардида буд, по ба дарбори Чахчу гузошт. Ду сол дар ин даргох надими хосаи султон гардид. Боре амакбачаи Ч,ахчу Бугрохон - хокими Мултон мехмони Чахчу гардид ва бо Хусрав сухбат намуд. Барояш сух,бат басо самимй буду хушаш омад ва фармуд, ки ба Хусрав тухфахои лоик бидиханд ва пасон уро ба дарбори хеш - ба Мултон даъват намуд. Ин рафтору кирдори Бугрохон ба Чахчу бисёр сахт расид. Нахуст ба рафтанаш ичозат надод ва сониян аз пайи нест кардани Хусрав гардид. Хусрав нияти Чах,чуро фахмид. «Чанд рузе бигзашт, гузаштахо х,ануз аз хотираш нарафта буд. Хост, ки маро нишони бало созад. Бинобар ин рохи Сомонияро пеш гирифтам» - менависад Хусрав.

Пас аз муддате шоир аз Сомония боз ба Дехлй бозмегардад ва ба дарбори Гиёсиддини Балабон ба хизмат мепардозад. Вале дере нагузашта, писари Бнёсиддин Мухаммадсултон, ки дар Мултон х,оким буд, аз падар илтимос мекунад, ки Хусравро ба наздаш ба Мултон бифиристад. Хусрав ба Мултон меояд ва дар х,амин чо ба Х асани Дехлавй вохурда, риш таи дустй мебанданд.Ин дустии ду шоири тавоно то поёни рузгорашон гусаста намегардад. Вале ин сухбатхо, нишоту базмхои ошиконаю орифона, мачлисхои шеъру суруд, дар назди ин шохзодаи шеърдусту шоирпарвар Мухаммадсултон дер давом накард. Соли 1286 лашкари мугул ба Мултон хучум карда, мулкро хароб гардонид. Дар ин чанг Мухаммад ба кдтл расид. Хусрав ва Хасан бошанд, асири лашкари мугул гардиданд. Муддате нагузашта, онх,о аз асирии мугулхо рахо ёфтанд.

96

Page 97: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Хусрав чун аз асирй рахо ёфт, боз ба назди пайвандон ва назди модари мехрубонаш ба Патёлй омад ва аз дидори

модари мехрубон шод гардид.Амир Хусрав чанд муддат бо модару фарзандон дами бегам

бизад. Аз сухбати дустону дидори ёрони мехрубон шоду мамнун буд. Беш тар ба корхои эчодй банд гардид. Д остонхои таърихиашро дар хамин давра иншо кард. Модараш Давлатноз дар пахлуяш буду бо суханони модарона илхомаш мебахшид. Вале хар чиз аввалу анчом дорад ва умри инсон хам. Давлатноз соли 1299 болои достони фарзанди мушфику мехрубонаш Хусрав чон дод. Аз марги модар шоир чомаи мотам пуши д ва дидагонаш ашкборон гардид. Хусрав ин сузу гудоз ва ин дарду алами хешро дар достони «Мачнун ва Лайлй» баён намудааст.

Оре, модар модар аст. Хусрав хам аз марги шахси азизаш дили пургам ва чашми пурнам дошт.

Амир Аловуддин (1296-1316) Хусравро бозба дарбор даъват менамояд. Азбаски шеърдусту шоирпарвар набуд, ба Хусрав чандон ахамият надод. Аловуддин танхо барои нишон додани салобати давлати хеш уламою удаборо гирд оварда буд, вале онон наметавонистанд, ки дарборро ба ихтиёри худ тарк кунанд.

Амир Хусрав бештар аз султон Чалолиддини Фирузшох некихои зиёд дида буд. Уро ба мансаб расонид ва ба унвони ифтихории амирй сазовор гардонид. Амир Хусрав подоши некихои уро хеле хуб ёд кардааст:

Чунин бахшише, к-аз т у х,ам ёфтам,Зи шох,они пешина ком ёфтам.

Амир Хусрави Дехдавй фарзандони зиёд дошт.Амир Хусрав дар чо-чойи асархояш аз фарзандонаш ёд

кардааст. Масалан, ду духтар - Афифа ва Мастура, писаронаш Масъуд, Хизр, Рукнуддин, Айнуддин, М алик Ахмад ва Мухаммад - хамагй 8 нафар фарзанд доштааст. Малик Ахмад марди фозил ва орифу шоири намоёни замони худ мегардад.

Хамин тавр, Амир Хусрави Дехлавй дар синни 72-солагй 27 сентябри соли 1325 дар шахри Дехлй вафот мекунад. Ч^асади шоирро дар пахлуи пири рухонияш Низомуддини Авлиё ба хок месупоранд.

97

Page 98: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

МЕРОСИ АДАБИИ ХУСРАВ

Амир Хусрави Дехлавй хануз аз айёми наврасй ба шеъргуйй o f o 3 карда буд, ки мо дар боло ба ин масъала ишорат кардем ва дар назди бузургон аз имтихон гузаштани Хусравро ёд кардем. Он вакт шоир хашт бахорро тай намуда буд. Агар бигуем, ки Хусрав 72 сол умр дид ва агар аз хашт ё дахсолагй ба шеър гуфтан cap карда бошад, пас 62 сол шеър гуфтааст, асар эчод кардааст, ки албатта, мухлати кам нест. Далели дигар он аст, ки шоир дар мукаддимаи девони «Буррат-ул-камол» микдори тахминии ашъорашро ёд кардааст. Дар ин бора муаллифи «Ч,авохир-ул-асрор» Озарй чунин мегуяд: «Чуноне ки аз «Еуррат-ул-камол»-и у масмуъ аст ва он чо навиштааст, ки сухани ман аз панчсад хазор камтар аст ва аз чахорсад хазор бештар». Хатто микдори ашъори адибро чорсад хазор хам гуем, хеле зиёд аст. Агар ин чорсад хазор на байт, балки мисраъ хам бошад, аз сермахсултарини суханварони адабиёти гузаштаи мо махсуб мешавад. Абдурахмони Ч,омй дар «Бахористон» ба Амир Хусрав бахои баланд медихад ва микдори асархои уро дар «99

«Тух,фат-ус-сигар», соли 1272 мураттаб

гардидааст. Беш аз 3000 байтбуда ашъори то 19-

солагии

Page 99: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

китоб» мегуяд. Аз хама мухимаш он аст, ки осори Амир Хусави Дехлавй то замони мо омада расидаанд ва китобхонахою осорхонахои кишвархои оламро зеб додаанд. Дар бораи осори гаронбахои Хусрав дар Хинду Покистон, Эрону Точикистон ва дигар кишвархои чахон олимон ва ховаршиносон тадкикоти пурарзиш анчом додаанд.

Хусрав чакидахои шахдрези аввалини худро аз жанрхои хурди лирики: газал, рубой, касида, китъа, мусамман, тарчеъбанду таркиббанд огоз кардааст. То охири умр ин анъанаро давом додаст. Хамин тавр, Хусрав дар тули хаёташ 5 девон мураттаб намудааст, ки ба тарики зайланд:

К,ариб дар хар як девони шоир жанрхои рубой ва китъа ба назар мерасанд. Хамон шеъри аввалини Хусрав, ки дар хаштсолагиаш эчод карда буд, рубоист. Мавзуи китъаоту рубоиёти шоир рангин буда, ба масъалахои мухим бахшида шудаанд. Мурод аз шеър гуфтану асар офаридан, мегуяд Хусрав, номи нек гузоштан аст. Таваччух намоед:

Накутар чиз андар шеър ном аст,Ки монй зинда з-ин нак,ши сиё^й.Тани Хусрав бимирад, ин як,ин аст,Вале Хусрав намирад уец гох,е.

Амир Хусрав боз китъае дорад ва дар он бо дард мегуяд, ки Хусрав кариб тамоми хаёташро дар дарбори султонони Хинд гузаронида, ононро мадху ситоиш намудааст. Ин амалро дар солхои охир мачбурй ва бо дили нохохам сомон додааст ва аз мадхгуйй пушаймон хам шудааст. Шоир таъкид менамояд, ки аз мадху ситоиши дуруги бефуруг дилам мемурад:

А з гуфтани мадх; дил бимирад,Шеър арчи тару фасе у; бошад.Гардад зи нафас чарое кушта,Гар худ нафаси Масех, бошад.

Хусрав дар рубоиёташ золимони зулмпешаро сахт мазаммат намуда, ононро ба парвона шабех кардааст. Агар онхо зулмро хамвора давом диханд, мисли парвона дар гирди шамъ халок хоханд гашт. Шамъ киноя аз зулм аст.

99

Page 100: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Хар кас, ки ба зулм кардан омухт а шуд,А з новаки мазлум дилаш духта шуд.Парвона, ки бар шамъ зад, афрухта шуд,Бар сухтагон х;ар ки бизад, сухта шуд.

Адиб, ки бо ахли чоху мансаб хдмкоса буду аз кору амали эшон вокиф, бинобар ин ба хулоса омад, ки махз дарбор чойи ришвахурону тамаъгарон аст:

Чандин тамаъу х,ирс дар обу гили ту,В-охир ба дили хоки сиях, манзили ту.Харчанд, ки хокро бибезй, эй дуст!А з хок х,амин хок бувад х;осили ту.

Кахрамони лирикй шукри Худо мегуяд, ки мисли он дусташ дар хирси молу сарвати дунё нест. Бо нони чаву оби чох зиндагии хуш ва босаодате дорад. Вокеъан, Хусрав хаёти пурдабдаба ва молу сарвати зиёд надош т. Зиндагиаш миёнахолона мегузашт.

Не сина зи щ рси зар ба оташ дорем,Не дил зи пайи тамаъ мушавваш дорем.Нони цаву оби чах,у кущ е холй,Ё Раб, ки чй зиндагонии хуш дорем.

Маълумоти мухтасар дар бораи «Хамса»-хои Амир Хусрави Дехлавй.

Мусаллам аст, ки дар таърихи адабиёти точику форс Амир Хусрави Дехлавй нахустин шоирест, ки ба «Хамса»-и Низомии Ганчавй пайравй намуда, «Хамса»-и хешро офаридааст. Абдурахмони Ч,омй дар «Бахористон» Хусравро ситоиш намуда мегуяд: «Ба «Хамса»-и Низомй бех аз вай (Амир Хусрав) касе чавоб нагуфта».

Амир Хусрав дар огози «Хамса» Низомиро ба некй ёд карда чунин мегуяд:

Дабдабаи хусравиям шуд баланд,Булгула дар гури Низомй фиканд.Гарчй бар у хатми сухан мух,р бает,Сиккаи ман мух,ри сарашро шикает.

100

Page 101: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

«Хамса»- и Амир Хусрав хдм аз панч достони мустакил иборат буда дар чавоби панч достони Низомии Ганчавй суруда шудаанд. Ба накшаи зер таваччух кунед.

Амир Хусрав баъди ин «Хамса»-и дуввуми хешро эчод намуд. Вале бояд эътироф кард, ки он аз нигохи мазмун ва гояю сабки баён аз достонхои пешин фарки калон дошт. Метавон гуфт, ки бо ин сабку нигориш дар таърихи адабиёти точику форс навоварие, тозагие ворид намуд. Дуруст аст, ки дар «Шохнома»-и Фирдавсй хамин зайл достонхои таърихй, мисли достони «Искандар», «Кубоду Маздак», «Бахроми Чубина» ва гайра эчод шуда буданд. Дар ин достонхо тахайюлоти шоир фарохтар ва пурдомана буд. Зеро замону макони амалиёти вокеоти таърихй то Фирдавсй чандин асрхо тул кашида буд. Аммо амалиёти «Хамса»-и дувуми Амир Хусрав дар замони худи Амир Хусрав ба вукуъ омадаанд ва худи муаллиф яке аз иштироккунандагони фаъоли достонхои таърихии «Хамса» мебошад.

S «М атлаъуланвор>>\ чавоб ба «М ахзанул- \

асрор»-и Низомии Ганчавй

101

Page 102: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

«Хамса»-и дуввум низ аз панч достон иборат аст:1. «Киронуссаъдайн».2. «Мифтохулфутух».3. «Дувалронй ва Хизрхон».4. «Нух сипехр»-5. «Туглукнома»

Ин достонхо дар байни солхои 1289 ва 1323 иншо гардида, ба мавзуъхои махаллй бахшида шудаанд. Масалан, достони нахустини «Хамса» - «К,иронуссаъдайн» бо супориши султони Дехлй Муизиддини Кайкубод соли 1289 иншо гардидааст. Мавзуи он чангу чидолхои байни писару падар, яъне байни султони Дехлй Кайкубод ва султони Бангола Носируддин Бугрохон - падари Кайкубод мебошад. Дар ин задухурдхо Амир Хусрав Кайкубодро хамрохй мекард. Дар достони дуввуми «Хамса» - «М ифтохулфутух» Хусрав муборизаи султонЧ,алолиддин Фирузшохи Хилчиро (1290-1296) алайхи исёнгарон, ки табаддулоти давлатй кардан мехостанд, мавзуи достон карор додааст.

Гайр аз ин, дар баъзе достонхо муборизаи султонхои {индро ба мукобили мугулхои истилогар нишон додааст. Дар галабаи султонхои Хинд чоннисорию кахрамонии мардуми оддии Хинд бар зидди чингизиёни хунхор бисёр чолиб ва боварибахш ба калам дода шудаанд. Амир Хусрав махз хамин муборизахои хунин, рухи истиклолхохии халкдои Хиндустонро барои озодй дар достони «Киронуссаъдайн» басо чолиб ва боварибахш офаридааст. Аз ин нигох, ахамияти сиёсй ва тарбиявии достон бисёр баланд аст.

Аз тарафи дигар, достонхои дар мавзуъхои махаллй иншокардаи Хусрав аз он чихат арзишманданд, ки у ходисоту вокеоти дар он рузгор дар сарзамини Хинд баамаломадаро хамчун як иштирокчии фаъоли ин ходисот баён кардааст. Ин достонхо барои таърихнигорон маводи пурарзише дода метавонанд.

Дар байни достонхои махаллй ё «Хамса»-и дуввум достони «Дувалронй ва Хизрхон» хам аз нигохи мавзуъ ва хам аз нигохи сабки нигориш тозагихои зиёде дорад.

Амир Хусрави Дехлавй бо наср хам чанд асари пурарзише эчод кардааст. Бехтарин асари насрии у «Эъчози Хусравй»

102

Page 103: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

махсуб мегардад. Адиб онро соли 1319 иншо кардааст. Вале аз руи мавзуъ ва мухтавои он метавон хукм кард, ки бисёр кисматхо, фаслхо ва ё рисолахои онро дар давоми солхои зиёд чамъ намуда, шакли хомакии рисолахоро тайёр карда будааст. «Эъчози Хусрави» аз панч, рисола таркиб ёфтааст:

1. «Филмуфрадот валмураккабот».2. «Филмураттабот мин алмактубот».3. «Филлатоиф мин алмаснуот».4. «Филбадоеъ мин алмаънавиёт».5. «Филсавобик мин алмуншаот».

Чуноне ки аз номи рисолахо пай бурдед, Хусрав ба масъалахои гуногуни илми забоншиносй, адабиётшиносй, накди адабй, вазну кофия, воситахои тасвири бадей, тарзи истифода бурдани зарбулмасалу макол, усули навиштани мактубхо ва навъхои мактуб чун: мактубхои фархангию адабй, ошикона, байнидавлатй, идоравй ва амсоли ин мавод оварда, онхоро баррасй менамояд. Аз хамин нигох имруз хам «Эъчози Хусравй» кимату арзиши зиёдеро дороет ва барои донишмандони сохахои гуногун маводи арзишманде дода метавонад.

ДОСТОНИ «ДУВАЛРОНЙ ВА ХИЗРХОН» Сабки нигориш ва мазмуни мухтасари достой

Достони «Дувалронй ва Хизрхон» дар асоси далелу бурхонхои таърихии замони зиндагии Амир Хусрави Дехлавй иншо гардидааст. Аз ин ру онро достони ишкй-таърихй гуфтан равост. Худи шоир ба кахрамонони асосии достон ошной дошт. Албатта, номхо андак тагйир ёфтаанд. Инчунин, ходисоту вокеоти таърихй бо обу ранги бадей тасвир ёфта, асарро баркамол гардонидаанд.

Достон дар тули солхои 1315-1316 нигошта шуда, аз 4519 байт иборат мебошад. Амир Хусрав дар эчоди он ба анъанаи достонсароёни аерхои пешин содик мондааст. Тарзи кофиябандиаш чун маснавихои аерхои гузашта (аа, бб, вв, гг, дд ва гайра) мебошад. «Дувалронй ва Хизрхон» дар бахри хазачи мусадцаси махзуф суруда шудааст, ки ба тарики зайл тактеъ мешавад:

103

Page 104: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Ба сузи сына ду ёри вафодорВидои якдигар карданд ночор.

Ма-фо-и-лун, Ма-фо-и-лун, Ма-фо-ил

V — / V — / V - - /V — / V — / V - - /

Достон аз нигохи мазмун мисли достонхои ишкии «Лайлй ва М ачнун»-и Низомии Ганчавй фочиавист. Ш охзода Муборакшох, Хизрхонро ба хотири аз ишки Дувалронй даст накашиданаш ба катл мерасонад.

Гайр аз ин достони «Дувалронй ва Хизрхон» хамчун анъана аз хамду наът огоз ёфта, пасон ба мадхи пири рухонии худ Низомиддини Авлиё мегузарад. Боби чоруми достонро Хусрав ба мадхи Султон Алоуддин мебахшад ва уро дар баробари ситоиш намудан ба раиятнавозию додгустарй хидоят мекунад. Нихоят боби панчуми достон ба сабаби назми китоб бахшида мешавад ва дар ду боби оянда дар бораи султонхои Дехдй ба тарики хронологй маълумоти таърихй додааст. Баъд аз ин кисмати асосии достон шуруъ гардидааст. Хусрав ба ин кисмат 14 бобро муносиб донистааст. Дар хар як боб, пас аз баёни мазмун, вобаста ба он хикояхои тамсилй меорад, ки онхо барои таквияти фикри адиб ва амиктар инъикос гардидани мавзуъ ва барчаста баромадани накшхои асосй хизмат кардаанд. Дар анчоми достон Хусрав боби алохида овардааст, ки дар он дар бораи унвони достон, соли таълифи он, микдори байтхои асар ва нихоят, дар бораи пирии хеш андеш ахояш ро иброз намудааст. Як хусусияти дигари услубии достон боз дар он аст, ки пас аз хар як боб аз номи ошик ва маъшук газал оварда мешавад. Базалхо ишкианд. Эхсосот ва мехру мухаббати ду дилдода дар ин газалиёт самимй ва хеле хушоянд ба калам дода шудаанд. Вале дар онхо хусусиятхои жанрии газал, аз кабили матлаъ ва м актаъ ва тарзи кофиябандии газал риоя нагардидаанд. Кофиябандй ба тарзи маснавй (аа,бб,вв) омадааст.

104

Page 105: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ГОЯИ АСАР ВА ТА^ЛИЛИ НАЩИХОИ АСОСИИ ДОСТОН

Амир Хусрави Дехлавй, хднгоме ки достони «Дувалронй ва Хизрхон»-ро иншо кард, аллакай шоири машхур буд. На танхо дар сарзамини Хинд макому манзалат дошт, балки дар Моваруннахру Хуросон ва Эрону Осиёи Сагир шухратёр гардида буд. Шоир достони «Дувалронй ва Хизрхон»-ро дар айёми пирй, ки он гох хам калами расо дошту хам тачрибаи бойи адабй, иншо намуд. Муроди Хусрав аз эчоди ин достон чист? Нахуст, достон фочиавист. Бидуни халок гардондани кахрамони асосй - Хизрхон достон пур аз сахнахои чангу хунрезист. Ч,анг дар байни султонхою хокимони Хинд барои точу тахт, барои сарвату боигарй ба тафсил омадааст. Хатто бародарон барои точу тахт якдигарро кур карда, окибат якдигарро катл намуданд. Хусрав хамаи ин ходисахоро бо чашми худ дида, аз берахмии инсон дилхун гардид. Дигар, дар байни мусулмонхою хиндухо муборизахои шадид мерафт. Дар ин муборизахои мазхабй садхо хазор хиндую мусулмон чон ба Чонофарин медод. Шоир хамчун як фарди инсонпарвар ва некхох хост, ки дар байни мазхабу динхои дар ин сарзамин вучуддошта сулху осоиш бошад, инсонхо, аз чумла хокимон, султонхо хуни якдигарро нарезонанд. Дар байни хиндую мусулмон тухми нифок, бадбинию кудурат накоранд, ошики якдигар бошанд. Барои дилдодагону ошикон дину оин набояд садци рох шавад. Хамин тавр, хост бо ин достони худ пеши рохи ин чангу хунрезихоро бигирад. Вале чуноне ки дидем, шоир ноумед гашт. Ишки поки инсон тахкир карда шуд ва Хизрхони вафодор дар ишки хиндудухтар Дувалронй чон дод, чамъияти онрузаи Хинд ислох нагардид ва, бадбахтона, то имруз хам дар сарзамини пахновари Хинд ин дарди чонкох шифо наёфтааст. Имруз хам дар Кашмир дар байни мусулмонхою хиндухо мубориза давом дорад, ки мову шумо ба ин падидаи номатлуб шохидем.

Аз мазмуни достон чунин бармеояд, ки Хизрхон дар рохи ишк устувор мемонаду чон медихад. У мусулмонзодааст. Вале Дувалронй зинда мемонад, мисли Лайлию Ширин худкушй намекунад. Чаро у ба ин амали «анъанавй» даст назад? Магар

105

Page 106: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ишки у иисбати Хизрхон пок, самими ва устувор набуд? Дар халли ин масъала бисёр пажухишгарони ин достон хайронанд. Мо хам достонро такрор ба такрор хондем. Як далел моро сари хамин андеша овард.

Амир Хусрав овардааст, ки чун волидайни Хизрхону Дувалронй туй мекунанду ду дилдода ба хамдигар расиданд, онхо аз якдигар коми дил ситонданд ва Дувалронй дучон шуд, яъне хомиладор гардид. Ба хар хол вай фарзанд аст, давоми умр. Фарзанди ба дунёомада аз Хизрхони мусулмон асту аз Дувалронии хинду. И и фарзанд пайванди дилхост. Оянда тавлид шуда, дилхоро ба хам муттахид, муттафик мегардонад. Б а ин восита Хусрав хостааст, ки захмат ва саъю кушиши у дар ин рох барабас наравад, оянда суде биёрад ва оянда фарзанди онхо хешро на мусулмон гуяду на хинду. У хешро инсон бидонад, инсон бишиносад ва дар оянда поягузори сулху салох, ягонагию иттиходи дину халкиятхои сарзамини ХинДУстон бигардад. Хамин аст хадафи шоир, муроду максади Хусрав аз зинда мондани Дувалронии дар ишк нокому синабирён.

Хусрав бо ибораи “яке гаш тани ду чон” омезиши комил,чисмониву маънавии ду танеро васф мекунад, ки наояндаи ду миллати мухталиф хастанд.Бори дигар ба сурати дигар дар як пайкар таччасум кардани башарро мебинем.

ТАХЛИЛИ НАКШХОИ АСОСИИ ДОСТОН

Дар достон накшхои Дувалронй ва Хизрхон асосй буда, кобили таваччуханд. Дигар чехрахо мисли модари Хизрхон Офокбону, падари Хизрхон султон Аловуддин барои кушодани симои хакикии кахрамонони асосй - Дувалронй ва Хизрхон хизмат кардаанд.

Хизрхон ишки пок дорад ва барои ба максад расидан дар ин рох устувор аст, саъю талош дорад. Вале мубориз нест. Ба гапи падару модар гуш медихад. Ба чуз зорию тавалло, ашк рехтан, нолаи пурсуз намудан рохи дигар надорад, ё хохиши дигар надорад. Барои у давлату сарват, чоху мансаб хеч аст. Бинобар ин мегуяд:

Агарчи давлатамро су6х,гох, аст,Вале бе т у ца^он бар ман сиёх; аст.

106

Page 107: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

В-агар худ уаст ганце бешуморам,Бауои ним цав нозат надорам.

Бисёр рафтору кирдори Хизрхон ба Мачнуни Низомй моиаидй дорад. Хамоно ДаР рохи ишк; устувору мубориз набудан, ба такдир тан додан онхоро ба хам наздик гардондааст. М асалан, вак,те ки Хизрхонро ба духтари тагояш арусй мекунанд, у ягон мукобилият нишон намедихад. Хизрхон дар як мактубаш, дарди дилашро ба тарзи зайл баён кардааст, ки бисёр риккатовар аст:

В-агар уамхобае дорам дар огуш,Ба цойи соф дурде мекунам нуш.Нишинам бо вайу дил дар хаёлат,Бипушам чашму бинам дар цамолат.

Дувалронй хиндудухтари пок ва дар рохи ишк устувор тасвир ёфтааст. У хам зохиран зебосту хам ботинан. Мухаббати Дувалронй нисбати Хизрхон самимй ва беолоиш аст. Бо вучуди он ки Хизрхон нисбати у хиёнат карда, бо духтари тагояш cap ба болин монд, боз аз гунохи Хизрхон мегузарад, боз хамрохи Хизрхон бо амри дил ба зиндон меравад. Лахзахои дар зиндон будани ин ду дилдода рузхои фаромушнашаванда ва хаёти хушбахтонаи Дувалронй махсуб меёфт. Хусрав дар достон ин лахзахоро бисёр чолиб ва шоирона ба калам додаст:

Даме бо ман ниишн, эй ёри дилбанд,Ки бар руйи т у бикшоям даре чанд.Агар банде ниуад айём бар ман,Хушам, к-аз зулфи туст ин дом бар ман.

Дувалронй хусни расо, акди воло дорад. Дар рохи ишк ба хама душворихо токат мекунад. Умед дорад, ки рузе ба му род мерасад. Хамин хисол дар тиннати Хизрхон хам аст. Вакте ки бародараш Муборакшох ба у амр мекунад, ки махбубаатро ба назди ман фирист, то ту аз марг рахо ёбй, Хизрхон мурданро авло медонад аз он, ки аз Дувалронй даст бишуяд.

Дар достон табиати зебои ХИНД> бахори нозанин басо шоиста тавсиф ёфтааст. Инсон хамчун як олихаи зебои ин табиат бо хусну чамоли худододу расояш бо камоли махорат

107

Page 108: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ба калам до да шудааст. Шоир акли расо, ишки поки духтарони хиндуро дар симои Дувалронй нишон додааст, чамъбаст намудааст. Дувалронй дар ин пора хешро аз назари хеш, яъне аз назари зан бахо дода, бо камоли ифтихор мегуяд:

Хану зам абрувон маркам камонанд,Ханузам гамзауо пайкон фишонанд.Ханузам наргиси хунрез мает аст,Ханузам зулфи кофар бутпараст аст.Лабам уамшираи тунги набот аст,Рууам х1амчашмаи оби %аёт аст.

Дар достони «Дувалронй ва Хизрхон» накшхои манфй, аз кабили султон Алоуддин, Муборакшох, Малик Кофур амал кардаанд ва хар кадоме дар асар симои хешро дорад ва бо рафтору кирдори худ аз якдигар фарк мекунанд. Масалан, султон Алоуддин шахеи таърихист ва Амир Хусрав реалистона ва хакконй амалиёти уро дар достон нишон додааст. Султон Алоуддин хамчун шохи кишваркушо, госиб, зулмпарвар ва берахм ба калам дода шудаст. Барои у давлату сарват мухим аст. Инсон, аз чумла зану фарзанд хам арзише надоранд. У ба мукобили падар ва фарзандонаш чангид ва чашмони Хизрхонро кур кард. Дар берахмй, разолату кабохат писари султон Алоуддин аз падар камй надорад, балки хазор бор бадтар аст. Хангоме ки у ба сари кудрат меояд, нахуст бародарон ва хешовандони худро ба катл мерасонад. Чуноне ки дар боло ишорат рафт, у Хизрхонро низ кушт, то ки ба махбубаи у сохиб шавад.

Нависанда саъю талош варзидааст, ки накши модарро дар ин достон ба тарзи динамики инъикос намояд. Масалан, дар огози достон модари Хизрхон Офокбону хамчун як зани ба расму русум ва дину оини мусулмонй муътакид нахост, ки писараш Хизрхон бо хиндудухтар акди никох бандад. Вале охиста-охиста камбудии хешро фахмида, ислох мешавад ва фарзанди худро ба мурод мерасонад. Албатта, дар ин маврид Хусрав накши модарро муассир нишон дода, дар симои Офокбону онро чамъбаст намудааст. Яъне, дар анчоми достон накши Офокбону чанбаи мусбй гирифтааст.

Хулоса, достони «Дувалронй ва Хизрхон» дар адабиёти108

Page 109: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

точику форс, чуноне ки дидем, тозагихои зиёд дорад. Дар либоси бадеият, нишон додани ходисоту вокеоти замон ва ба ин восита нишон додани камбудию нуксонхои чомеа яке аз хадафхои асосии Амир Хусрав буд ва метавон бо як боварии том гуфт, ки тири адиб ба нишон расид.

МАЗМУН ВА МУНДАРИЧАИ РОЯВИИ ГАЗАЛИЁТИ ХУСРАВ

Мусаллам аст, ки то асри XIV доираи мавзуоти газал махдуд буд. Асосан дар ин жанр мавзуи ишку ошикй, тавсифи табиат, майу мутриб, истигнои маъшук, нолаю шевани ошик макоми шоиста дошт. Амир Хусрав хам дар газалиёти хеш хамин мавзуъотро интихоб карда буд. Мухимаш хамин буд, ки газалиёти шоир бо сабки сода эчод шуда, дар онхо фасохату балогати сухан, самимият ва охангнокии газалиёт ба дарачаи камол расиданд. Метавон таъкид намуд, ки дар сурудани газал ба Саъдии Шерозй пайравй карда, уро пири хеш медонад ва бо ифтихор мегуяд:

Хусрави сармаст андар согари маънй бирехт,Ш ира аз хумхонаи мастй, ки дар Ш ероз буд.

Дуруст аст, ки Хусрав бо Саъдй хамзамон буданд. Вале Саъдй аз Хусрав солортар махсуб меёфт. Агар Саъдй соли 1292 аз дунё гузашта бошад, Хусрав соли 1325 вафот кардааст, яъне 33 сол баъдтар. Хусрав аз эчодиёти Саъдй вукуфи комил дошт. Ба хар хол ин ду бузургвор ба якдигар гоибона шинос буданд ва якдитарро эхтиром мекарданду аз эчодиёти якдигар огох буданд. Бахусус Хусрав асархои назмию насрии Саъдиро хонда, аз онхо бахра бардошта будааст ва бахусус ба газалиёташ пайравй кардааст. Хамон ширинй ва содагии газалиёти Саъдиро дар газалиёти Хусрав метавон ба хубй мушохида кард. Дар байте, ки дар боло ёд шуд, Хусрав таъкид менамояд, ки аз маънии газалиёти Саъдй мает шуд ва махз аз хумхонаи мастй, ки дар Шероз буд, шираашро бигрифт Хамин тавр, сарчашмаи илхом ва мазмунофарии Амир Хусрав асосан газалиёти шурангезу оламгири Саъдии Шерозист.

Газалиёти Амир Хусрав мисли газалиёти Саъдй ба эчодиёти

109

Page 110: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

асрхои пасин, аз чумла XV ва XVI таъсири калон расонданд. Масалан, Зайниддин Махмуди Восифй дар асари ёддоштиаш «Бадоеъ-ул-вакоеъ» базму нишотхои ахли фазлу адабро, ки дар хузури амирону ш охон, вазирону хокимон баргузор мегардиданд, тавсиф намуда, ёд мекунад, ки ахли нишот ба газалиёти Саъдию Амир Хусрав, Мавлоною Хофизи Шерозй бештар таваччух доштанд.

Амир Хусрав дар газали «Дил чавон хануз» айёми чавониашро дар поёни умраш ёд карда, таъкид менамояд, ки хануз ёди бутон аз ёд нарафта, хануз дар банди зулфи ёр гирифтор аст. Агар сад таънаю маломат аз халк шунавам ва нафринам кунанд, парвое надорам:

/. Тан пир гашту орзуи дил чавон уануз,Дил хун шуду уадиси бутон бар забон уануз.2. Умрам ба охир омаду рузам ба шаб расид,М астиву бутпарастии ман уамчунон уануз.3. Оуанг карда суйи бурун цони гумрауам, Кофирдилони уусн дар он сузи цон уануз.4. Олам тамом пур зи шауидони фитна гашт,Турки маро хаданги бало дар камон уануз.5. Бедор монд шаб уама халк, аз нафири ман,В-он чашми ниммаст ба хоби гарон уануз.6. Х аР дам карашмауои вай афзуну он гауе Хусрав зи банди у ба у меди амон уануз.

Шоир дар ин газал ишки поки инсони, ишки заминиро ёд кардаасту тавсиф хам. Дар байти аввал пирию чавонии умр ба хам мукобил гузошта шудаанд ва адиб аз санъати тазоду мукобила бамаврид истифода бурдааст ва дар байти дуюм рузу шаб тазоди якдигар омадаанд ва хамон фикри болоро кудрат бахшидаанд. Дар байти сеюм дар зимни ибрози «кофирдилон» шоир ракибони хеш, яъне агёрро мазаммат менамояд. Дар ин маврид санъати киноя ва истиора (кофирдилон - агёр) максади кахрамони лирикиро хеле ба чо инъикос намудаанд. Хамин тавр, газали «Хануз» шоирона, дар айёми пиронсолагии Амир Хусрав иншо шуда, маънй бо анвои санъати воло ифшо гардидааст.

Бештари газалиёти Хусрав ирфонй буда, дар онхо ишки110

Page 111: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

илох,иро ситудааст. Хатто дар достонхои «Хамса» 40-40 газал овардааст. Яъне як тозагие дар сабку услуби достоннигорй ворид намудааст ва адибони асрхои оянда ин сабку услубро инкишоф додаанд.

МАКОМИ КАСИДА д а р ДЕВОНХОИ ш о и р

Дар девонхои Амир Хусрав пас аз газал касида макоми арзанда дорад. Хамчуноне ки пажухишгарони эчодиёти адиб муайян кардаанд, Хусрав беш аз 300 касида иншо намудааст, ки дар панч девони у ба тарзи мухталиф омадаанд. Масалан, дар девони аввал камтар ва девони сеюм, ки давраи чавонй («Буррат-ул-камол») буд, бештар ба ин жанри адабй майл намудааст.М ахз дар хамин давраи хаёташ дар дарбори султонхои Хинд макому манзалаташ бештар буд ва худ дар дил хохиши мадхи онхоро дошт. Аз тарафи дигар, дар муборизаю харбхои султонхо иштирок кард ва он чизе, ки дид, саъю талош варзид, ки он ходисаю вокеахоро либоси бадей бипушонад ва ононро мадху ситоиш намояд. Аз ин ру аксарияти касидахои Амир Хусрав чанбаи таърихй доранд ва барои муайян намудани хаёти сиёсии хамонасраи Хинд, дар баробари достонхои таърихиаш ба таърихнигорони имруза маводи пурарзиш дода метавонанд.

Вале дар баробари ин Амир Хусрав дар мавзуъхои пандуахлокй, фалсафй-ирфонй касидахои бисёр дорад.

Дар асрхои минбаъда баъзе касидахои Хусрав дар байни хосу ом шухрати калон пайдо карданд ва боиси пайравй ва татаббуи адибони бузурги асрхои пасин, аз чумла Абдурахмони Ч,омй, Алишери Навой ва дигарон гардиданд. Масалан, ба касидаи «Дарёи аброр»-и шоир пайравй намуда, Ч,омй касидаи «Луччатуласрор» ва Навой касидаи «Тухфатулафкор»-ро иншо кардаанд.

Амир Хусрав дар ин жанри шеърй дасти тавоно ва фикри расо доштааст ва мазмуну мундаричаи касидаи Хусрав ба ин ду шоири бузург писанд афтода, чавоби шоиста гуфтанд ва дурри маънй суфтанд. Касидаи «Наёбй» аз лихози мазмун ва мундаричаи гоявй хеле баланд аст, ки дар ин чо тахлили онро зарур медонем. Касидаи «Наёбй» дар поёни рузгори шоир иншо

111

Page 112: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

шудааст. Зеро чунин касидаро касе гуфта метавонад, ки тачрибаи бойи хаётй дошта бошад, гармию сардй, ширинию талхй, баландию иастии рузгорро дар давоми умраш дида бошад. Хамин тавр, дар касида афкори ахлокй, танкидй ва сиёсию ичтимоии Амир Хусрав чамъбаст гардидаанд. Номи касида «Наёбй» ба мазмуни он пайванди ногусастанй дорад. Аз тарафи дигар, он дар касида хамчун радиф омадааст: Матлаи он касида чунин аст:

Дар дах,р яке ёри вафодор наёбй,Дар боги цах;он як гули бехор наёбй.

Хамин тавр, Хусрав касидаро аз шикоят огоз кардааст. У ба чунин хулоса омадааст, ки дар ин замона дустй вафодор, ёри гамхору мехрубонро пайдо кардан махол аст.

Амир Хусрав умри хешро дар дарбори султонхои Хинд гузаронида ва аз ин чихат рафтору кирдори ахли дарборро хеле хуб медонист. Илова бар ин, аз авзои ахли чоху мансаб, ки ба дарбор доду гирифт ва рафту омад доштанд, хуб огох буд. Бинобар ин мегуяд:

1. Султон х,ама руз ар х,азён гуяду камош,Та^син куниву рухсапги инкор наёбй.2. Осудадило! М агнии маржам нашиносй,То су%бати мардони дилафгор наёбй.3. Хар кунцнишине радами сидк; надорад,Сиддщеаше дар буни ин гор наёбй,4. Он цо, ки бувад цах,л, ба таъриф чй з;оцат?Нуцсони харе нест, гар афсор наёбй.

Шоир таъкид менамояд, ки султон ба чуз суханони бехуда, яъне хазёнгуй, кори хайре ба манфиати раият намекунад. Ашхоси аз ин огох чуз хомушй илочи дигар надоранд, ки ман хам аз чумлаи онхо хастам. Боз ноилоч кору рафтори ононро таърифу тахсин менамоям.

Дар байти дуввум ба садрнишинон, ашхоси доро хитоб кард мегуяд, ки шумо дили осуда, яъне хаёти осуда доред, аз зиндагии бегаразона вокиф нестед, дарди дили онхоро намедонед. Дар байти сеюм мантикан боз хамин маъниро таквият бахшида, афсус мехурад, ки дар ин F o p , дар ин кунчи узлат (шояд дарбори

112

Page 113: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

султон бошад) ашхоси гамхор (содикдш)-ро ёфтан махол аст. Бинобар ин, дар байти чорум фикрашро чамъбаст намуда, Хусрав афсус мехурад, ки дар дарбор, ки бунёдаш аз чахл аст, хамин зайл хохад буд ва ин маконро мадху ситоиш кардан хочат надорад. Агар сарвар ва рохбари чохил ё хар бошад сару афзалаш чандон ороста бикунй, хамон хар аст.

Дар чойи дигар шоир ба ин гуна ашхос ёдрас мекунад, ки ба хотири ба Бихишт рафтану аз оби хавзи Кавсар нушиданат намоз бихонию тоату ибодат бикунй ва дили халкро реш бигардонй, харгиз ба мурод нарасй:

1. Гар савму намозат зи пайи Цаннату на.\р аст,Ё Раб, ки т у он Цаннату ан.хор наёбй.2. В-ар бими Худо нест, туро бим зи нор аст,Ё Раб, ки халос аз дараку кор наёбй!3. Чаиши газаболуди т у дар Д узаху Хулд аст,Тарсам, ки бад-ин дида т у дидор наёбй.

Дар байти дуюм шоир таъкид менамояд, ки, эй нокасон, шумо бандагони Худоро аз Дузаху азобхои он метарсонед. Вале худи шумо ба хотири ба Ч,аннату Хулд рафтанатон рузаю намоз мегиред. Шумо аз тарси азоби Дузах ин корро мекунед, дилатон пок нест. Бинобар ин шумо харгиз ба мурод намерасед ва харгиз ба Бихишт нахохед рафт.

Амир Хусрав ба шохону хокимон, ба козию суфиён ва дигар сохибмансабони замонааш гушзад менамояд, ки рохи Хакро пеша бисозед, халкро озору ранч надихед, зеро халк, раият, ашхоси мазлуму бечора мисли сарви Бихишт росткору росткавланд:

Бо халк, мачу он, ки шуд озод зи дунё,К-он сарви Б щ иш т аст, зи гулзор наёбй.

Дар ин касида Хусрав хамчун ифодакунандаи акидахои пешкадам баромад карда, ахли чоху мансабро ба инсофу адолат, ба накукорию растагорй хидоят намудааст.

113

Page 114: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

С А ВОЛ В А СУ ПОРИ Ш1 .Давраи тифлй ва чавонии Амир Хусрав чй хел гузашт?2. Чй мусибат ба сари хонаводаи Хусрав омад?3. Чаро аз Хусрави хаштсола бузургон имтихон гирифтанд?4. Ба дарбори султони Хинд ба чй хотир шоирро даъват

намуданд?5. Дар дарбор шоир ба кадом корхо машгул буд?6. Хусрав дар бораи модари хеш чй гуфтааст?7. Чаро шоирро Дехлавй мегуянд? Оё ин ба хакикат рост

меояд?8. Дар бораи микдори абёти худ Хусрав чй мегуяд?9. Хусрав аз кадом чихат ба «Хамса»-и Низомии Ганчавй

пайравй намуд?10. Достонхои дар мавзуъхои таърихй иншокардаи шоир

дорой кадом хусусиятхо хастанд?11. Мавзуи касидахои Хусравро гуед.12. Онхо аз касидахои Саъдй фарк доранд?13. Ч °мй ба кадом касидаи Амир Хусрав чавоб гуфтааст?14. Мавзуъхои газалиёти шоирро гуед ва бо мисолхо

фахмонед.15. Достони «Д увалронй ва Хизрхон» бо кадом

хусусиятхояш аз достонхои ишкии шоирони гузашта фарк карда меистад?

16. Максади Хусрав аз эчоди ин достон дар чист?17. Амир Хусрав нисбати дину мазхабхо чй андеша дошт?18. Чаро Хусрави Дехлавиро Амир Хусрав мегуянд?19. Ин унвонро кай ва кадом султони Хинд ба у дод?20. Таъсири эчодиёти Хусравро ба адабиёти пасини форсу

точик дар чй мебинед?

РУЙХА ТИ АДАБИЁТИ ИЛМЙ В А МЕТОДЙ1. Б.Гафуров. Точикон, китоби I. Душанбе, «Ирфон», 1983.2. М.Бакоев. Хусрави Дехлавй ва достони у «Дувалронй ва

Хизрхон», Сталинобод, 1958.3. Х .М ирзозода. Таърихи адабиёти точик, китоби 2,

«Маориф», 1977.4. Т.Миров, К.Хочаев, Ш.Исломов, Методикаи таълими

адабиёти точик, «Маориф», 1991.114

Page 115: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

САЙФИ ФАРГОНЙ Рузгори шоир

Сайфиддин Мухаммади Фаргонй яке аз сухансароёни маъруфи адабиёти тонику форс махсуб мешавад. У дар нимаи аввали асри XIII дар Фаргона таваллуд ёфтааст ва дар хамин чо илму дониш омухтааст. У дар натичаи саъю кушиши зиёд аз илмхои маъмули замона бархурдор мегардад. Сайфиддин илмхои таърих, забону адабиёти тонику форс ва арабро аз худ намуда, пайваста ашъори адибони пешинро хонда, аз бар менамояд. Дар баробари ин дар назди устодон илми аруз, кофия ва санъатхои бадеиро аз худ менамояд ва охиста-охиста абёти шогирдонаи хешро низ иншо менамояд. Вале хаёти осудаю ороми шоир ба шаби тор бадал гардида, ба таъкиби мугулон, ки аллакай Мовароуннахру Хуросонро фатх карда, давлату савлат меронданд, гирифтор мегардад. Окибат мачбур мешавад, ки як умр Фаргонаро тарк намуда, ба тарафи Эрон рох пеш гирад. У дар рох сахтихои зиёд мебинад, ба таъкиби мугулхои истилогар дучор гардида, нихоят ба Табрез меояд. Табрез он рузгор андак орому осуда буд. Шоир он чо мудцате меистад. Аз тарафи дигар, дар он чо уламою удабо аз бисёр шахрхои Моваруннахру Хуросон омада буданд. Доирахои адабй дар ин шахри бузург диккати мехмонони шеърдусту хунарманд ва ахли адабро бештар ба худ чалб мекард. Сайфи Фаргонй махз дар хамин чо асархои Шайх Саъдиро хонда, бо у гоибона шинос гардид. Дере нагузашта ба Шероз ба зиёрати Саъдй рафт. Саъдй Сайфро хуш кабул намуда, бо хам дустй чонй гардиданд. Метавон гуфт. ки аз хамин вакт cap карда, Саъдй барои Сайфи Фаргонй мураббй ва дар хама кор мададгор гардид. Ба Сайф ёрии моддй мерасонд. Сайф баъд аз чанд муддат боз ба Табрез омад. Сабаби бозгашташ он буд, ки мамдухи у, вазири подшохи Элхонй Ш амсиддини Сохибдевон, ки марде шеърдусту шоирпарвар буд, чашм ба рохаш дошт. Сайф муносибати хешро бо ин вазир ба Саъдй хикоят карда буд, бинобар ин дар рафтани шоир ризоят дод. Сайф киссаи ба хузури Шамсиддин шарафёб шуданашро ба Саъдй хикоят намуда буд:

«Чун мулозимони вазир ба арзаш расонданд, ки аз диёри Фаргона шоире омадааст, ки хешро Мухаммад Сайфиддини

115

Page 116: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Фаргонй гуяд ва он кас хохиши зиёрати шумо доранд. Боз шеърхои тозаэчоди худро хамчун армугон овардаанд. Шамсиддини Сохибдевон пасон мехмонро кабул намуд ва перомуни шеъру шоирй ва каломи бадей бо хам хеле сухбат карданд ва Сайф аз касидаю газалхои тозаэчодаш барои у кироат кард. Шоиста он буд, ки хам сухбат ва хам ашъори Сайф ба вазир писанд афтод ва уро аз чумлаи хосони хеш баргузид. Баъд бо кумаки Шамсидцин сохиби хавлй шуду сохиби хамсар хам. Албатта, дигар наметавонист, ки дар Шероз бимонад. Бозгашт, вале дустии байни Саъдию Сайф устувор монд. Онхо ба воситаи нома аз холу ахволи якдигар вокиф мегардиданд ва асархои тозаэчоди хешро нисори якдигар мекарданд.

Вале, мутаассифона, хаёти осуда, базму шабнишинихои дустона дер давом накард. Низоъхои дарборй домон зад. Мукобилони Шамсиддини Сохибдевон бар зидди у бархостанд ва тавонистаид суханашонро дар назди хон гузаронанд ва хиёнату чинояти вазир Шамсиддини Сохибдевонро исбот бикунанд. Бо амри хон Шамсидцин бо як гурух наздиконаш ба катл расиц ва боз Сайф бо ахлу аёли хул гурезон шуц. Акнун боз ба Осиёи Сагир, ба Туркия ру овард ва дар шахри Оксаройи туркони усмонй манзил ихтиёр кард. Ин ходиса дар соли 1286 ба вукуъ омада буц.

Хаёти шоир цар Оксарой чанцон хуб набуц. Вале ба хар хол осуца ва ором мегузашт, нафаси озод мекашид. Дигар игвою цасисабозихои царбори элхонй уро ранчу озор намедод. Хамдаму ёри мехрубонаш китобхо, асархо ва эчоцкорихои солхои пешинаш буданд, ки дилашро мебардоштанду бо хамон умед зиндагй мекард. У бо ёци Ватан, ёци ёру дустон ва бо навои руди ботамкини Сир шабонро руз карца, цилро таскин медод.

Хамин тавр, Сайфиддин Мухаммади Фаргонй дур аз Ватан соли 1306 дар шахри Оксаройи Туркия чашм аз чахон пушид. Барои мо равшан нест, ки то имруз маркади шоир дар ин шахр барчост ё на. Аммо хуб мецонем, ки осори ин шоири ширинкалом - Сайфи Фаргонй то ба имруз бо мост ва оянда хам дар калби одамони сайёра човид хохад монд.

116

Page 117: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

МЕРОСИ АДАБИИ САЙФИ ФАРЕОНИ

Сайфи Ф аргонй умри бобаракати хешро ройгон нагузаронидааст. Ин шоири забардаст ба ояндагон мероси пурарзише аз худ боки гузоштааст. Сайф мачмуи осорашро пеш аз маргаш мураттаб сохта будааст ва он имруз бо номи «Девони Сайфи Фаргонй» машхур аст. Девон аз 573 газал, 160 касида, 4 китъа ва 23 рубой иборат аст ва чамъулчамъ аз дах хазору панчсад байт иборат мебошад.

Сайф дар сурудани газалу касида ба Саноии Газнавй, Х,оконии Шарвонй ва, махсусан ба Саъдии Шерозй пайравй кардааст ва эътикодманди эчодиёти у будааст. Адиб 90 газали хешро дар татаббуъ ба газалиёти Саъдй эчод кардааст. Масалан, бар газали Саъдй «На ман танхо гирифторам ба доми зулфи зебое» газали зерро бисёр шоирона тазмин кардааст:

М ар о боз иттифоц афтод ишци саврболое,Ки х,уснаш мацлисафруз асту оламорое.М аро султони х,уснаш гуфт: «Агар аз бах,ри мо дорй Д т е пурхун зи андух,е, cape маш хур зи савдое.А ё бе ишк,и т у чун май равонам фитнаангезе,А ё бе зикри т у чун най забонам бодапаймое.Чу васлат орзу дорам, нахох,ам зистан бе ту,Раво дорй, ки ман мискин бимирам дар таманное.

Сайфи Фаргонй дар мактаи газал боз Шайх Саъдиро ёд намуда, дар мазмуну мухтавои газал хамакида ва хаммаром будани хешро иброз медорад. Таваччух намоед:

Азизи М иср нашносад, ки уро кист дар хона - Камоли х,усни Ю суфро надонад ууз Зулайхое.Чу Саъдй Сайфи Фаргонй цах,онро узр мегуяд:«На ман т ащ о гирифторам ба доми зулфи зебое».

Газалиёти Сайфи Фаргонй асосан ишкиянд. Ишки шоир ба ду маънист: хам ишки вокей, ишки заминй ва хам ишки илохй, ишки суфиёна, ишки ирфонй. Х,амон газале, ки дар боло омадааст, дар ишки илохист ва газали Саъдй хам дар хамин мавзуъ суруда шудааст. Агар ба тарзи дигар бигуем, Сайфи Фаргонй хам дар шакл (кофиябандй, вазн ва микдори байтхо,

117

Page 118: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

матлаъ ва мактаъ) ва хдм дар мазмун (ирфонй, суфиёна) ба Саъдй пайравй намудааст, ки ин бехдарин шеъри чавобия ба шумор меравад.

Дар газалиёти шоир мавзуъхои ичтимой, ахлокй низ ба назар мерасанд, ки дар онхо мугулони истилогар, ки доди зулму ситамро додаанду нолаю афгони мардуми бечораро ба осмон расонидаанд, ононро шоир ба зери тозиёнаи танкид мегирад. Базале дорад бо номи «Крнуни адл». Дар он кахрамони лирикй амирон, хокимон ва дигар волиёни мутаассиби мугулро ба он хотир танкид мекунад, ки онхо ба ном аз «Конуни адл» сухан мегуянд, вале дар амал бошад дар кишвар ягон конуни адл вучуд надорад. Биёед, ба гуфтахои шоир таваччух намоем:

Эй, ки андар м улк гуйй, м енщ ам цонуни адл!Зулм кардй, эй ишоротат х;ама беруни адл!Ин амироне, ки беморони х,ирсанду тамаъ,Хамчу сщ х,ат аз мараз дуранд аз цонуни адл.Дасти чун шамшерашон -\ар соате дар пойи зулм Бар сари майдони бедодй бирезад хуни адл.

ИНЪИКОСИ ВАЗЪИ ЗАМОН ДАР КАСОИДИ САЙФИ ФАРГОНЙ

К,аламкашоне, ки дар асри X III, дар асри хунрезии чингизиён умр ба cap бурданду хамаи вахшоният, катлу горати ононро бо чашми худ дида буданд, ангушти хайрат газида, то зиндагию рузгор доштанд, аз он харф заданд, ба он хунхурон лаънат хонданд.

Таърихнигорон бо асархои таърихиашон, наккошон бо асархои наккошиашон, нависандагон ба воситаи асархои адабиашон дилашонро холй карданд ва ба ояндагон аз кору рафтори ин вахшиёни гургтабиат огохй додаанд. Шояд аз дигарон бештар ва сахттар Сайфи Фаргонй ин вахшоният, ин дарди чонгудозро аз cap гузаронида бошад. Зеро у аз бими чон сарсону гурезон, дехоти сухтаю хароб, шахрхои ба хок яксон, мардуми ниммурдаю кашшокро дидаю дида рох паймуд. Бо баъзе зиндамондахо сухбат намуд. Дар бораи афъоли бади мугулхо киссахои бадард шунида-шунида ба пеш, ба Эронзамин, ба Табрез рафт ва дар ин шахри бостонию номдори форсиён

118

Page 119: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

андак осуда бишуд. Пас ин дидаву шунидахояшро бо оби чашм нишасту нигошт ва газалу касидахои пурсуз эчод кард, ки имруз барои мову шумо огохномае хастанд аз кору амали ачнабиён, паёме хастанд аз рузгори дардомези хамзабонон, хаммиллатон, то бихонему аз онхо панде бигирем, бароямон панди судманде шавад, то оянда барои ягонагй, вахдати миллатамон яктан ва якч,он бошем. Барои истиклоли кишвар чони хешро нисор намоем.

Касидахои Сайфи фаргонй соддаю фахмост. Маънои онро ба хубй мегавон дарк кард.

Сайфи Фаргонй дар касидаи «Манам, ёро, бад-ин сон уфтода» садои эътирозу шикояташро боз хам баландтар кардааст. Метавон ин касидаро касидаи хасбихолй донист. Худи хамин ном хам то андозае мазмуни касидаро бозгу мекунад:

1. М анам ёро, бад-ин сон уфтода,Диламро суз дар цон уфтода.2. Гами чандин парешонуоли имруз Дар ин табъи парешон уфтода.3. Бубин дар ноны халк; ин каждумонро,Ки чу дар гугит кирмон уфтода.4. Дарего, мукнати чандин тавонгар Ба дасти ин гадоён уфтода.6. А з ангушти Сулаймонрафт а хотам,Вале дар дасти девон уфтода.7. Раият гусфанданд, ин сагон гург,Хама дар гусфандон уфтода.8. Зи дасту пойи ин гарданзанон аст,Саросар м улк вайрон уфтода.9. Зи цаври золимон дар шаури хеши Ба хорй чун гарибон уфтода.10. Кулоуи иззат андар пойи хорй Зи cap you азизон уфтода.11. Ба оуи чун т у мазлум афсари м улк Зи фарк,и тоцдорон уфтода.12. Ту низ, эй Сайфи Фаргонй, чарой Хазин дар байтулэузон уфтода.

119

Page 120: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Кдсидаи мазкурро метавон аз руйи масъалагузори ба се бахш кием кард. Дар бахши аввал рузгори вазнин, ХОЛИ П'АреШОИ ва сарсону саргардонихои хешро баён кардааст. Дар баробари ИН даёти токатфарсои халкй б е ч о р а ёд ш у д а , -\аман н и талхихожя рузгорро аз гадоён медонад ва ин гадоён мугулони кашшоки хунхоранд. Дар бахши дувум омадани истилогарони мугул тавсиф шудааст. Шоир онхоро ба дев ташбех намудааст. Балки ба девхое, ки ангуштарини Хдзрати Сулаймонро дуздида бурданд. Яъне, ин маънои онро дорад, ки шохону амирони ин сарзамин мулкро ба осонй ба дасти девон, яъне чингизиён доданд. Адиб дар ин маврид ба воситаи санъати талмех фикрашро таквият додааст.

Байти шашум хам ба рафтору кирдори чингизиён мутааллик асг. Шоир дар ин байт онхоро ба гургу саге монанд кардааст, ки ба рамаи гусфандон хучум кардаанд. Ш оир дар симои гусфандон раия гро нишон додааст. Сайфи Фаргонй дар байти 8-ум таъкид менамояд, ки имруз мо дар Ватани хеш гарибу мусофирем, хору зорем. Кулох,и шохй, точу тахти ачдодон аз сари бузургон нагун афтодааст. Хамин тавр, адиб аз нотавонию тарсончакй ва бехирадии амирону хокимон шикоят менамояд. Зеро онхо натавонистанд, ки мамлакатро аз душманон мухофизат намояд, точи шохиро дар cap мустахкам нигох доранд. Агар, аз як тараф, ноухдабароии шохону хокимон сабаб шуда бошад, аз тарафи дигар, ба хотири он ки ба халк чабру зулми бехад карданд, газаби Худо шуд ва онхо аз точу тахт махрум гардиданд. Нихоят, дар байти мактаъ шоир ба худ садо карда мегуяд, ки ман хам мисли садхо, хазорхо хамватанони бехонаю беватан дарбадар шудам ва ба ин рузхои сахт расидам. Вале дар ин касида рохи халоей, рохи муборизаро алайхи бегонагон - мугулхо нагуфт. Ин мазмунро метавон дар шеъри дигари у пайдо кард. Шеър бо номи «То кай х(в)охем» омадааст. Ин ном ва ё ин радифи шеър маънои то кай сабр кунем, то кай ба ин хама бенизомй, зулму тааддии бегонагон токат намоем. Ин даъвати ош корост ба муборизаи зидди чингизиёни истилогар:

1. Эй х,ама они ту, х,оцат з-ину он то кай х (в) ох,ем!Бекас онро кас т уй, аз нокасон то кай х(в)ох,ем!

120

Page 121: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

2. А з амирон цуд чуем, аз авонон мардуми,М о зи гурба муш у аз саг уст ухон то кай х ( в ) ох;ем!3. М урдаи х,ирсанд эшон, мардумй оби бацост,М о дами оби бакр аз мурдагон то кай х(в)ох,ем!4. Одамй он аст, к- у сагро чу мардум нон дих,ад,Мо ба гавхар одамй, нон аз сагон то кай х (в) ох;ем!5. М улки Иблис аст ин вайронаи пурдеву дад,М о дар у у ней дилу ороми чон то кай х (в) ох,ем!6. Ах,ли ин давр одамиро чун шаётин рах, зананд,М о нишони рох,и т у аз рах,занон то кай х(в)ох,ем!7. Сайфи Фаргонй, зи чаври золимони сагсифат,Ш уд чах,он нурранч, аз рох,ат нишон то кай х(в)ох,ем!

Ш оир дар байти нахуст ба хокимон, волиёни кишвар мурочиат намуда, таъкид менамояд, ки ин ватан ва мардуми бесохибу бекасро кас шумоед. Охир, то кай мо аз бекасон, бегонагон беадолатй, зулму тааддй бинем. Аз ин амирони бегона хайру некй чустан мисли он аст, ки муш аз гурбаву устухон аз саг талабй. Хамин маънй дар байтхои дуюм ва сеюм хам таквият ёфтааст.

Дар байти панчум шоир бо сад дарду алам диёрашро «мулки Иблис шудааст» мегуяд. Дар ин чо шоир санъати рамзу кинояро бамаврид истифода бурда, дар симои шайтон чингизиёнро нишон додааст. Дар байти шашум шоир максади асосиашро ифшо кардааст. У ба хокимону волиёни тахчойй таъкид мекунад. ки ба макру фиреби онон фирефта нашавед, шумо бояд рохнамо бошед ва пеши рохи рохзанонро бигиред, зеро зи чабри ин сагони малъун чахон пурранчу косаи сабри мардум лабрез гардидааст. Дар чойи дигар бисёр афсус мехурад, ки лашкараш, халкаш бесохиб аст ва мисли Рустами Дастон сарлашкар надорад, то кишварро аз мугулхо озод ва мардумро дилшод гардонад:

Сафи лашкари ман надорад саворе,Ки бо Рустам уро ба майдон фиристанд.

Хулоса, Сайфи Фаргонй марди худшиносу худогох буд. У солхои тулонй бо калам ба мукобили истилогарон - чингизиёни хунхор мубориза бурд ва кору кирдори онхоро ба воситаи

121

Page 122: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

асархояш ифшо намуд ва мардумро алайхи душмани гаддор ба мубориза тайёр кард, хидоят намуд.

МАЪЛУМОТИ УМУМЙ ДАР БОРАИ САНЪАТИ ТАРСЕЪ

Тарсеъ калимаи арабист. Маънои донахои гавхдрро ба чизе ё ба риштае кашиданро дорад. Метавон онро ба шадцаи гавхдр ё донахои тасбех, монанд кард. Вале ин калима хамчун истилох як намуди санъати бадеии лафзй махсуб меёбад. Тарсеъ дар «Лугати истилохоти адабиётшиносй» чунин маънидод шудааст: «Санъати тарсеъ он аст, ки шоир дар байт аксари калимахои мукобили якдигар кароргирифтаро хамвазн ва хамкофия меорад ва ба ин восита шакли шеърро зебову мавзунтар мекунад». Донишманди ин соха Родуёнй хона-хона, бахш-бахш овардани мисраъхои байт, Шамси Кдйси Розй «мусаччаъ гардондани калимот ва мутасовй доштани алфоз дар вазну кофия» -ро санъати тарзеъ гуфтаанд. Д ар ин ду байт Абдурахмони Ч,омй санъати тарсеъро бамаврид истифода бурдааст:

1. Дамсози муганниёпи фарёд,Хамсози муцаррадони озод.2. Хамгардани оуувони сахро,Хамшевани булбулони шайдо.

Вокеан, дар байти аввал калимахои дамсоз бо хамсоз, муганниён бо мучаррадон, фарёд бо озод хамкофия ва хамвазну хамоханг шуда омадаанд. Х,амин тавр, дар байти дувум калимахои хамгардану хамшеван, охувону булбулон ва сахро бо шайдо низ бо хам мутавозй ва аз нигохи вазну кофия баробаранд ва бо хам мувофикат доранд.

122

Page 123: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

С А ВОЛ В А СУПОРИШ

1. Зодгох,и шоирро аз харита ёбед.2. Дар бораи водии Фаргона шумо чй маълумот доред?3. Ба сари Сайфиддин чй фалокат омад?4. Сайфи Фаргониро Шайх Саъдй чй хел кабул кард?5. Чаро Сайфиддин боз ба Табрез омад?6. Чй ходиса шуд, ки Сайф ба Туркия хичрат кард?7. Дар бораи хоксории шоир шумо чй гуфта метавонед?8. Мероси адабии шоир дар кадом навъхои адабй иншо

шудааст?9. К,асидахои Сайфи Ф аргонй аз касидахои шоирони

дарборй чй фарк доранд?10. Мазмуни номахои шоирро гуед.11. Чаро Сайфи Фаргонй Рустами Дастонро ёд кардааст?12. Дар касидаи «То кай » шоир кадом масъалахоро инъикос

намудааст?13. Оё у раиятро ба муборизаи ошкоро бар зидди чингизиёни

истилогар даъват намудааст?14. «Мулки Иблис аст ин вайронаи пурдеву дад» чй маъно

дорад? Мисраъро шарху эзох, дихед.

РУЙХАТИ АДАБИЁТИ ИЛМЙ ВА МЕТОДИ

1. Б. Бафуров. Точикон. «Ирфон», Душанбе, 1983.2. Гулшани адаб, чилди 11. «Ирфон», Душанбе 1975.3. Т. Миров, К. Хочаев, Ш. Исломов. Методикаи таълими

адабиёти точик, «Маориф», Душанбе, 1991.

123

Page 124: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

МУХ,АММАД АВФИИ БУХОРОЙ (1172- 1242)

М ухаммад Авфии Бухорой яке аз нависандагон ва адабиётшиносони номдори точику форс мебошад. У аввалин тазкиранигори адабу фарханги гузаштаи мост. Тазкираи «Лубоб-ул-албоб»-и Авфй дар халли бисёр масъалахои илмй- адабй сарчашмаи боэътимод буда, дар кушодани бисёр гирехдои сарбастаи хаёту эчодиёти адибони точику форс ба адабиётшиносон кумаки калон расонд ва оянда хам суд мерасонад.

Авфй соли И 72 дар шахри Бухоро ба дунё омадааст. Гузаштагони нависанда аз ахли уламои замони худ буданд. Аз ин хо гир Авфй дар Бухоро бо мададу дастгирии волидайн ва кумаки чадди донишмандаш Шарафуддини Абутохир илмхои маълуми замонашро дар мадрасахои Бухоро, назди орифону фозилони маъруф омухт ва хифз намуд. Пас аз ин барои такмили дониш, ошной пайдо кардан бо шоирон, ахли илм, машоихи дини мубини Ислом ба сафар баромад. У шахрхои Мовароуннахру Хуросон, Самарканд, Хоразм, Марв, Нишопур, Хирот, Исфизор, Исфароин (Исфара), Систон, Фарах, Газнин, Лохур, Дехлй ва дигар шахрхову вилоятро дид, аз бузургони илму фарханг донишашро такмил дод ва барои кори ояндаи хеш мавод чамъ намуд. Пас аз бозгашт ба Самарканд назди тагояш Шарафуззамон, ки яке аз надимони султони Салчуки К,илич Тамгочхон буд, омад ва ба воситаи у ба хизмати писари Кдлич Арслон - Нусратиддин Усмон камар бает. Дар он рузгор шохзодаро султон валиахди хеш эълон карда буд. Ба хамин хотир шохзода нисбати бародарони дигар мукаррамтар буд.

Мухаммади Авфй махз дар хамин давраи хаёташ ба иншои тазкираи «Лубоб-ул-албоб» огоз кард. Махсули сафархояшро, ки бо ахли калам вохурда, сухбатхо дошт, ба калам дод. Чанд сол бо хамин минвол дар болои асар кор мекарду хизмати шохзодаро низ ба чо меовард. Чанд сол мегузарад, вале бо сабабхои номаълум валиахдро тарк мекунад ва боз барои чамъ намудани мавод ва сухбат бо адибон ба саёхати шахру вилоёти Мовароуннахру Хуросон мебарояд. Авфй дар ин сафархояш ба Ш ахринав омада мехохад, ки ба хузури Насруддиншохи

124

Page 125: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Кабудчома шарафёб гардад, аммо мулозимон ба Авфй рох намедиханд. Баъд Авфй рубоии зерро навишта ба дасти мукаррабони иодшох медихад ва илтимос мекунад, ки онро ба подшох расонанд:

Эй шок,, ба базл бах,ру кони дигарй,Дар цолаби мулку адл цони дигарй.3-он руй Кабудцома мехонандат,К-аз рифъату кадр осмони дигарй.

Ба иодшох, рубой писанд афтод ва ба мулозимонаш фармуд:-Равед ва аз у пурсед, ки аз нигоштани ин абёт чй мурод

дорад?Омаданд ва сухани подшохро ба Авфй расониданд. Шоир

ба мулозимон хдрфе назад ва боз хома ба даст гирифту бай ги зерро эчод кард ва баъд онро ба мулозимон дод, то онро ба шох бирасонанд:

Харчанд, ки бар бисоти шатращи х,унар Имруз, шах,ам, пиёда мебояд рафт.

Подшох байтро хонд ва ба истеъдоди шоир офарин хонд. Аспи хубе бо сару абзол ороста, наздаш оварданд. Мухаммади Авфй сару либоси шохона пушид ва болои маркаб савор шуд ва рохи хешро идома дод.

Шоир боз ба Бухоро омад, аммо дар хамин айём Чингизи хунхор азми Бухоро кард. Аз тарси чон Мухаммади Авфй хам дар катори садхо мардум ва ахли уламою удабо рохи гурбатро пеш гирифт, ба Х,индустон рафт ва дар дарбори хокими Синд Носируддини Кубоча (1206-1228) ба хизмат пардохт.У дар ин чо низ хамчун надим, ки забони хушу гуфтори ширин дошт, диккати ахли дарборро бештар ба худ чалб намуд. Авфй махз дар хамин чо маводи чамънамудаашро ба тартиб овард ва иншои тазкираи «Лубоб-ул-албоб»-ро соли 1222 ба анчом расонид ва онро ба вазири сохибмаърифат Фахриддин Х,усайн Ибни Шарафулмулк бахшид. Рафта-рафта макому манзалаташ дар дарбор зиёд гардида, хаёти оилавиаш низ ру ба бехй овард. Мухаммади Авфй имконият пайдо кард, то ба нигоштани «Чомеъ-ул-хикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт» огоз намояд. Он чи дар чамъомаду сухбатхо мегуфт, акнун он киссаву хикоёту наклу

125

Page 126: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ривоётро ба риштаи тахрир меовард. Пас аз Синд Авфиро ба Дехлй даъват намуданд. У дар ин чо хам яке аз надимони хоссаи султон Шамсиддини Илтутмиш карор гирифт. У дар хамин чо асари насрии худ «Ч,омеъ-ул-хикоёт»-ро соли 1232 ба анчом расонид. Дар оянда то поёни рузгор Мухаммади Авфй дар Дехлй дар дарбори султонхои тахчойй зиндагй кард. У хохони бозгашт ба Ватан, ба Бухоро буд. Вале истилои мугул барои бозгашти нависанда имкон надод. Балки аллакай як кисми лашкари чингизиён бар сарзамини Х,инд пойи номубораки хешро гузошта буданд. Дигар натавонист дидори ёру ошно, пайвандон ва наздикони хешро бубинад. Хдмин тавр, соли 1242 дур аз Ватан дар Дехлй вафот намуд.

МЕРОСИ ИЛМЙ ВА АДАБИИ АВФЙМухаммади Авфии Бухорой пас аз худ ба наслхои оянда

осори илмию бадеии пурарзише боки гузоштааст. Асари «Лубоб-ул-албоб» илмист. Дувумин асари нависанда « Ч,омеъ- ул-хикоёт» махсуб меёбад ва онро метавон мачмуи осори нависанда донист. Ва нихоят, асари сеюми адиб «Ал-фарач баъд аш-шидца» мебошад. Ин асарро козй Абуалй Мухассини Танухй (940-941) ба забони арабй иншо карда буд ва онро Мухаммади Авфй ба забони точикй тарчума намуд. Ин китоб аз хикоёту ривоёт ва ходисоту вокеъоти таърихй саршор аст ва Авфй хангоми тарчума эчодкорона рафтор намуда, ба хикоёту ривоёти он либоси миллй пушондааст. Дигар, бисёр хикоёту ривоёти ин асар дар «Ч,омеъ-ул-хикоёт» низ оварда шудаанд.

«ЛУБОБ-УЛ-АЛБОБ». Хамон зайле, ки дар боло ёд кардем, «Лубоб-ул-албоб» тазкира буда, чанбаи адабиётшиносй дорад. Нависанда дар баробари аз эчодиёти адибон овардани намунахо дар кисматхои аввали асар дар бораи хусусиятхои асархои назмию насрй маълумоти назариявй додааст ва фикрашро бо овардани намунахо аз эчодиёти адибон кувват бахшидааст. Дигар ин ки мувофики фахмишу дониши худ ба асархои адибон бахо медихад.

«Лубобу-л-албоб» аз ду кием иборат буда, боз хар як кием ба бобхою фаслхо чудо шудааст.

Боби аввал - Дар фазилати шеъру шоирй.Боби дувум - Дар маънии шеър аз тарики лугат.

126

Page 127: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Боби сеюм - Дар маънии аввал, ки шеър гуфт.Боби чорум - Дар маънии шеърй порей, чанбахо ва

хусусияти он.Боби панчум - Дар латоифи ашъори салотин ва мулук ва

умаро (27 нафар).Боби шашум - Дар латоифи ашъори вузаро ва судур (43

нафар).Боби хафтум - Дар латоифи ашъори уламо ва фузало (60

нафар)Боби хаштум - Дар латоифи ашъори шуарои Оли Тохир

ва Оли Лайс ба Оли Сомон (31 нафар)Боби нухум - Дар табакоти шуарои Оли Носир (29 нафар) Боби дахум - Дар табакоти шуарои Оли Салчук то охири

ахди Султони Сайид (52 нафар)Боби ёздахум - Дар зикри шуарои ин карн, ки баъд аз ахди

Санчар буданд, то ин ахд (53 нафар)Боби дувоздахум - Дар латоифи ашъори судур ва шуаро

ва афозил, ки бад -ин хазрат махсуманд (4 нафар)Дар ин чо барои мусаллам гардидани кимату арзиши

тазкира танхо як мисол меорем ва хохем дид, ки Мухаммади Авфй нисбат ба Рудакй чй мегуяд. Бояд гуфт, ки сухани Авфй тулонист, бинобар ин инчо танхо як пораашро меорем:

«...Ва мавлуди у (чойи таваллуди у) Рудакй Самарканд бувад. Чунон закй ва тезфахм буд, ки дар хаштсолагй «К^уръон» тамом хифз кард ва кироат биёмухт ва шеър гуфтан гирифт ва маъонии дакик мегуфт, чуноне ки халк бар он икбол намуданд ва рагбати у зиёдат шуд. Ва уро Офаридагори таоло овози хуш ва савте дилкаш дода буд ва ба сабаби овози хуш дар мутрибй афтода буд ва аз Бахтиёр, ки дар он санъат сохибихтиёр буд, барбат биёмухт ва дар он мохир шуд ва овозаи у ба атрофу акнофи олам бирасид ва амир Наср бини Ахмади Сомонй, ки амири Хуросон буд, уро ба курбати хазрати худ махсус гардонид ва кораш боло гирифт...

Ва яке аз чуххол (шоири чохил) дар назми у таъне кард... Низомии Арузй ин байт дар хакки у иншо кард:

Эй, он ки таън кардй дар шеърй Рудакй!Ин таън кардани ту зи цаул асту кудакист,

127

Page 128: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

К-on кас, ки шеър донад донад, ки дар цах,он Соу;ибкирони шоири успгод Рудакист.

Пас аз ин Мухаммади Авфй барои тасдики гуфтахояш аз осори шоирони дигар, ки дар ситоиши Рудакй гуфтаанд, мисол меорад. Илова бар ин аз эчодиёти худи устод Рудакй намунахои бешумор овардааст, ки махз ин намунахо бо тавассути хамин тазкира то ба имруз омада расиданд. Ахамияти бузурги «Лубоб- ул-албоб» пеш аз хама дар хамин аст. На танхо баъзе шеърхои устод Рудакй, балки аз дигар адибони асрхои IX, X, XI танхо ба ин восита аз нобудшавй рахо ёфтанд. Гузашта аз ин, «Лубоб- ул-албоб» барои омухтан ва таъин намудани макому манзалати адибон ва хаёти адабии асрхои IX ва XIII хамчун сарчашмаи муътамад ба пажухандагон ёрии калон расонд. Аз ин нигох асари мазкур ахамияти амалй ва назарй дорад, аз лихози забон ва тарзи баён сода буда, барои омухтани таърихи забони точикй маводи хуб дода метавонад.

«ЧОМЕЪ-УЛ-ХИКОЁТ». Ин асар аз мачмуи осори баргузидаи Авфии Бухороист. Дар он чо-чо шеърхои адиб мувофики мазмуни хикоёт ё ривоёт дода шудаанд. Маводи ин асари бузург дар тули солхои зиёд (аз соли 1210 то 1233 ) гирд оварда шуда, пасон эчод гардидааст. «Ч,омеъ-ул-хикоёт» на танхо як асари адабист, балки дар дохили он хикоёту ривоёти таърихй дойр ба хулафои араб, сулолахои Тохириён, Саффориён, Сомониён ва Салчукиён, султонхои Хинд, Газнавиён оварда шудаанд. Дар онхо бо тарзи бадей хаёти ичтимой, сиёсй ва иктисодии ин хонадонро дар зимни шахсиятхои таърихй - шохон, хокимон, волиён, хулафои ислом ва гайра ба калам дода шудаанд.

«Ч,омеъ-ул-хикоёт» аз чахор кием иборат аст ва ин киемхо чунин ном доранд:

1. Дар маърифати Офаридагори таоло ва зикри анбиё ва авлиё ва таворих. Мухимаш он аст, ки Авфй дар баробари овардани хикоёту ривоёт аз рузгори авлиёю анбиёи ислом инчунин дар бораи подшохони давраи Пешдодиён, Каёниён, Ашкониёну Сосониён ва ё сарварони ачамтабор ходисоту вокеъоти ибратомузу пурмухтаво овардааст. Гуфтори нависанда аз адлу доду дихиш, дар фаросати арбоби киёсат, дар

128

Page 129: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

донишу хирадмандии вузарою дабирон, дар хунари табибон, муначчимон, латоифи дилангез аз хдззолон, надимон, аз зиракони хушманд бунёд ёфтааст. Ин мавод дар 25 боб дода шудааст.

2. Дар кисми дуюм Мухаммади Авфй дар баёни ахлоки хамида, дар фазилати хдё, тавозуъ, хилм, адаб, рахмат, шафкат, саховат, лутфу карам, шучоъат, сабру тахаммул, шукру вафо дар амонатдорй, дар фоидахои машварат хикоёту ривоёти ширину рангинро чой додааст.

3. Кисми сеюмро адиб ба баёни масъала ва мавзуъхои мазаммати хасадхурй, хирсу тамаъ, дур>ту фахш, бахилй, чахлу нодонй, зулму тааддй, исрофкорй, хиёнату шаккокй, хикоёт аз рузгори дуздон, кору амали занони боаклу зирак ва поку боиффат ва амсоли ин бахшидааст.

4. Нихоят, дар кисми чорум Мухаммад Авфй дар бораи дустй ва фоидахои он, дар бораи хизмат дар назди амирону вазирон, хокимону волиён ва фоидаю хатари он, дар бораи ишку мухаббат ва суду зиёни он, дар бораи тасвири зебоихои табиат, дар бораи сохтмони касрхо, масочиду мадорис, бунёди шахрхо, дар хусуси хайвонони хонагй ва вахшй, паррандахо хикоёту ривоёт овардааст, ки бисёр чолиб ва хушоянданд.

Дар бисёр маврид нависанда пас аз овардани хикоят ё ривоят андешаашро бо як порча шеър чамъбаст мекунад. Хангоме, ки аз хаёти шоирон хикояте накд мекунад аз осори онон намунахо низ меоварад. Умуман, Мухаммади Авфй табъи баланди шоирй хам дошт.

Хамин тавр, дойр ба мавзуъхое, ки дар боло ёд шуданд, нависанда 2150 хикоёту ривоёт овардааст ва баъзе хикоёту ривоёти асар хачман бузурганд ва бархе аз онхо кутох, вале мазмун ва маънихои баланди хонданй доранд, ки хонанда аз онхо панди судманде мегиранд.

Акнун бармегардем ба сари тахлили хикоёту ривоёти « Ч о м е ъ - у л - х и к о ё т » . Албатта, ба тафсил тахлил намудани онхо аз имкон берун аст. Ба ин хотир аз хар кисми асар интихобан баъзе хикоёту ривоётро бо хам аз назар хохем гузаронд.

Дар «Ч,омеъ-ул-хикоёт» кору амали занон хеле хуб инъикос ёфтааст. Авфй занро хамчун модари мехрубон, зани покдоман, боиффат, дар ишку мухаббат устувор ва хирадманду

129

Page 130: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

донишманд ба кдлам додааст ва андешахояшро бо хикоёти матлубу маргуб кувват додааст. Масалан, дар хикояи «Шин» омадааст, ки у илм омухт ва чамъи илмхо якто гардид ва касд кард, ки то мисли худаш духтари донишманду окила наёбад, ба касе хонадор нашавад. Солхо сипарй шуданду муродаш хосил нагашт. Шин боре дар рохе мерафт, ки иттифоко марде ба у хамрох шуд. Шинос шуданду рох паймуданд. Шин ба он мард гуфт: «Ту маро бармедорй ё ман туро бармедорам. Хамин тавр, чанд саволи дигар Шин ба он мард дод. Он мард хайрон буд ва Шинро девона пиндошт. Чун ба дехи он мард расиданд, назди хонааш омаданд. Он мард мехмонро ба хонааш такдиф кард. Даромаданд. Он мард духтари кадраси окилае дошт. У чун падарро дид, аз у пурсид, ки хамрохи ту кй буд? Чй гуфт? Он мард ба духтар гуфт:

- Дар рох маро укубате азим (холати нохуб) руй дода буд. Чй марде ахмак ба ман хамрох шуд ва суханони номаълум ва пажмурда мегуфт ва суолхои парешон медод. Аввал, ки ба ман хамрох шуд, «маро бармедорй ё ман туро бар медорам». Ман худ ба хилат (базур) мерафтам, уро чй гуна бардоштаме! Дигар, ба киште расидем ва гуфт: « Чй гуй, ки ин киштро хурданд ё не?» Саввум, мурдаеро дид ва гуфт: «Чй гуй, зиндааст ё мурда?»

Чун духтар суханони падарро шунид, гуфт:- Азим бад кардй, ки хакки он мард нашнохтй. Он мард

марди окилу тавоност. Он чй гуфт, аз донишу хикмат аст. Он чй суоли нахуст дод, ишорат бар он аст, ки ту хикоят бигу ё ман бигуям, то ранчи рох кутох шавад.

Дувум «Киштро хурдаанд ё не?» ишорат бар он аст, ки шояд сохиби кишт карздор бошад ва карзхохон ба талаби карз омада бошанд. Ба ин маънй, ки аз самар ё хосили кишт карзхоро дода бошад. Сеюм, ки гуфта: «ки ин майит мурда аст ё зинда?» ишорат бар он аст, ки ин мард фарзанд дорад ё на. Балки шогирде дорад, ки пас аз вай номбардори у бошад ва ё хайре, садакае кардааст, ки зикри у ба сабаби у бокй монад. Ё худ чохиле, фосике будааст, ки чун вафот кард, хеч кас аз вай ёд накунад.

Мухаммад Авфии Бухорой ба ахли хунар ва ба хусус ба адибон, ровиёну нокилон мехри беандоза дошт. Худи у, ки аз хамин сарчашма об мехурд ва дар байни хосу ом, шохону вазирон, хокимону волиён сохибном, сохибиззат гардида буд,

130

Page 131: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

аз намояндагони ин пеша дар асари хеш хикоёти дилангези бисёр овардааст.

Яке аз шоирони маъруфи асри X- XI точику форс Фаррухии Систонй ашъори маргубу дилошуб дорад ва Мухаммад Авфй, ки худ шеършинос буд, ба ин шоир мехри зиёд дошт ва дар бораи у чанд хикояву ривоётро дарег надоштааст.

Мухаммади Авфй дар тазкираи «Лубоб-ул-албоб» аз Шахиди Балхй ёд карда, ба эчодиёти у бахои сазовор медихад. Ба хотири таквияти фикраш аз осори шоир намунахои зиёд овардааст. У дар «Ч,омеъ-ул-хикоёт» хам аз Шахиди Балхй ёд карда, латифаи пандомезе овардааст: «Оварданд, ки Шахиди шоир рузе нишаста буд ва китобе мехонд. Ч,ох,иле ба назди у даромад ва салом карду гуфт:

- Хоча, танхо нишастай?Шахиди Балхй чунин посухаш дод:- Танхо акнун гаштам, ки ту омадй. Аз он ки бо сабаби ту аз

мутолиаи китоб бозмондам.Сухбати аблахон чун деги тихист -Андарун холиву бурун сияхист.Муроди нависанда аз ин хикоят он аст, ки аз сухбати аблах,

чохил хондани китоб авлотар аст. Дар ин маврид шоир чунин ашхосро ба деги сиёх монанд кардааст, ки дили сиёх доранду аз пайи озори касон мебошанд. Боз чунин ашхос на дониш доранду на аклу тамиз ва мисли деги холиянд.

Мухаммади Авфй дар мавзуи илму хунаромузй андешахои кобили кабул гуфта, аз хаёти донишмандони бузург хикоёту ривоёти зиёд овардааст. М асалан, дар хикояи «Панди Аристоголис ба фарзанд» омадааст, ки чун вафоти Аристотолис наздик омад, у писарашро наздаш хонд ва гуфт: «Эй писар, дар асрори улум дакоики хикмат умри худро базл (сарф) кардам ва бисёр гиреххо ба нури хикмат кушодам, валекин маргро хеч хилат натвонистам:

Агар сад к у у бояд канд фулод,Забун бошад ба дасти одамизод.Чй чора, к-он банй Одам надонад Ба цуз мурдан, к-аз он бечора монад.

Пас бидон, ки давлате аз мол бувад зуд фонй шавад ва нест131

Page 132: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

гардад. Иззату шараф дар илм аст. Агар падари туро илму адаб набудй, у мар мулкро мисоли харе будй боркаш ва парастанда, бандае будй коркун. Пас илм хосил кун, то шарафу иззат биёбй».

Нависанда ба ин восита шогирдон, толибилмонро ба илмомузй хидоят намуда, таъкид менамояд, ки танхо ба воситаи илм шахе метавонад дар байни мардум, дар назди шохону хокимон сохибному иззатманд бигардад, ки мисоли равшани гуфтахои Мухаммади Авфй хаёти Аристотолиси хакими юнонй шуда метавонад.

Мухаммади Авфй дар асари хеш дар бораи шахрхо, бунёди каерхо, чойхои таърихй накду ривоятхо овардааст, ки имруз дидани ин чойхо барои мову шумо дастрас гардидааст. Масалан, дар кисми чахоруми «Ч,омеъ-ул-хикоёт» дар бораи ахромхои Мисри К,адим наклу ривоят оварда шудааст. Дар ин бора нависанда чунин мегуяд: «Дигар аз ачоиботи бинохо ахроми Миср аст. Хдждах ахром аст. Овардаанд, ки Маъмун (халифаи араб 811 - 832) дар айёми хилофати худ ба Миср рафт ва он ахром бидид. Дари як харам боз кард, хама аз санг сохта. Гуянд, хар санге дар ситабрй дах арш. Ва онро чунон махкам карда буданд, ки пайванди он, албатта, падид наёмад, чунонки аз чуб мисли он натвон сохт.

Имруз бошад, ба воситаи телевизион ахромхои Мисрро мебинему ангушти хайрат мегазем. Вале хизмати Мухаммади Авфй, пеш аз хама, дар он аст ки хануз 800 сол кабл аз ин хонандагонашро бо ин гуна чойхои таърихию фархангй шинос намуда буд.

«Ч,омеъ-ул-хикоёт» сабку услуби хоса дорад. Дар кисми аввал, дар мукадцимахои бобхову фаслхо забони нависанда мураккаб гардида, дар мавридхои дигар забони хикоёту ривоёт хонданй, содда иншо шудаанд. Ин асар ахамияти адабй, таърихй, мардумшиноей ва гайра дорад. Аз хама бештар нависанда ва донишманди вол о Маликушшуаро Бахор сухани шоиста ва арзанда дар хакки нависанда Мухаммади Авфй ва асари у «Ч,омеъ-ул-хикоёт» гуфтааст: «Китоби «Ч,омеъ-ул- хикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт» яке аз мухимтари кутуби форей аст, ки агар бигуем, ки дар миёни кутуби насри форей ба арзиш ва чомеаият ва пурфоидагии ин китоб, китобе натавон ёфт, набояд ба игрок кадр гардад, зеро дорой фавоиди фаровони

132

Page 133: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

таърихй ва адабист ва асноде дар у хает, ки дар хеч китобе нест. Илова бар ин мазоёъ равиши зебо дар тарзи таълиф ва пухтагии махсус дар тарик ва сабки иншо дорад, ки дар олами худ камназир аст».

(Ниг. мунгахаби «Ч,омеъулх,икоёт» (барои дабиристонхо, Техрон, 1324.(ба чоп хозиркунанда, М. Бахор, с.5)

С А ВОЛ В А СУПОРИШ1. Кудакию наврасии Мухамади Авфй чй хел гузашт?2. Сабаби ба сафар баромадани нависанда дар чй буд?3. Кадом шахру вилоятхоро дид? Ин шахрхоро аз харита ёбед.4. Сабаби тарки Ватан намудани адиб дар чй буд?5. Поёни рузгори адиб дар Дехдй чй хел гузашт?6. Чаро Авфиро адабиётшинос мегуем?7. «Лубоб-ул-албоб» -ро тазкира мегуем, чаро? Хусусиятхои

тазкираро гуед?8. Ахамияти тазкираи Мухаммади Авфиро шумо дар чй

мебинед?9. «Чомеъ-ул-хикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт» чй маънй дорад?

Номи асарро шарх дихед.10. К,исм ва бобхои «Чомеъ-ул-хикоёт»-ро номбар кунед.11. Дар иншои асар нависанда аз кадом сарчашмахо истифода

бурдааст?12. Аристотолис дар бораи макоми илм чй мегуяд? Оё шумо

ба фикри у розй хастед?13. Дар бораи Шахиди Балхй илова ба гуфтахои Авфй шумо

боз чй маълумот доред?14. Аз харита Мисрро ёбед. Дар бораи ахромхои Миср чй

медонед? Ягон филми хуччатиро дар ин бора дидаед?15. Дар бораи ахамияти «Чомеъ-ул-хикоёт» Маликушшуаро

Бахор чй гуфтааст? Гуфтахои уро хонед ва тахлил намоед!

РУЙХА ТИ АДАБИЁТИ ИЛМЙ В А МЕТОДЙ1 .И.С.Брагинский. Очерки из истории таджикской литературы.

Сталинабад, 1956.2. Адабиёти форсу точик дар аерхои XIII - XIV. «Дониш»,

Душанбе, 1989.3. Дурдонахои наср, чилди якум. «Ирфон», Душанбе 1987.

133

Page 134: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ЗИЁУДДИНИ НАХШАБИ (1290-1350)

Нахшабй, гиря кун ба мурдани халк,,Наъра^о зан чу наърауои царас!Мурдаро бас аз ин цадар бувад,Ки бигиряд барои у х,ама кас.

РУЗГОРИ ЗИЁИ НАХШАБЙЗиёи Нахшабй соли 1290 дар шахри Нахшаб таваллуд

ёфтааст. Давраи кудакй ва наврасии Зиёудцин дар хамин чо гузаштааст. Дар хамин чо илму дониш омухт ва сохибфазл гардид. Пасон у ба Хиндустон сафар намуд. Сабаби хичрати уро ба ХинДустон метавон дар ду чиз дид. Нахуст тангдастию камбизоатии у бояд бошад. Сабаби дуввуми хичрати шоир он буд, ки дар Нахшаб ва умуман дар Мовароуннахр авлоди чингизиён давлату савлат дошганд, ки аз илму адаб бе бахра буданд ва аз ин нигох ба ахли адаб ахамият намедоданд. Бо хамин сабабхои маълум бехтарин адибони хавзаи адабй ба мисли Сайфи Фаргонй, Сайфи Исфарангй, Мухаммади Авфй аз ин диёр мисли Зиёи Нахшабй рахти сафар баста буданд.

Зиёи Нахшабй дар шахрчаи Бадоун, ки дар наздикихои шахри Дехлй вокеъ гардида буд, карор гирифт ва то поёни умр дар хамин чо эчод ва зиндагй кард. Ба хамин хотир баъзе мухаккикон уро бо номи Зиёуддини Бадоунй низ ёд карданд. Шоир, пас аз он ки камол ёфт ва асар эчод кард, дар чустучуи тахаллус захмат накашид ва номи хешро (Зиёуддин) тахаллус карор дод. Зиё шакли кутохшудаи Зиёуддин аст ва дар осораш бештару бештар бо номи Зиёи Нахшабй омада, маънои Зиёуддин нури дини мубини исломро дорад. Зиёи Нахшабй соли 1321 иншои асари хеш - «Ч,узъиёт ва куллиёт»- ро ба анчом расондааст.

Дар ин давр Зиё Нахшабй зиндагии хуш доштааст ва аз чавониаш меболидааст. Зиёи Нахшабй дигар ба Ватан боз нагашта, то поёни рузгораш дар хамин шахрчаи Бадоун монд. Нависанда дар тули рузгораш ба дарбори шохон нарафт, хизмати султонхои Хиндро ихтиёр накард ва аз хама ачибаш он буд, ки дар осораш касеро мадху ситоиш накардааст. Faflp

134

Page 135: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

аз ин, чуноне ки шумо медонед, мах,з дар хамин давра ё солхо Амир Хусрави Дехлавй, Хасани Дехлавй ва Мухаммади Авфй хам дар Хиндустон, аз чумла дар Дехливу дигар шахрхои ин сарзамин буданд ва ин адибон кариб дар як давр дар он чо икомат доштанд. Вале Зиёи Нахшабй дар осораш аз онхо ёд накардааст. Хатто чунин ба назар мерасад, ки ягон нафари онхоро надидааст. Шояд як сабабаш хамин бошад, ки адибони дар боло ёдшуда асосан дар дарбори султонхои Хинд буданд, аммо Зиёи Нахшабй дар як шахрчаи хурд дур аз пойтахт кору зиндагй дошт.

Зиёи Нахшабй замин ва 6oFy poF дошт ва бо фарзандони хеш рузгори худро пеш мебурд ва нони беминнат мехурд. Мардумони оддй эхтиромаш мекарданд ва дар маъракаю чамъомади онон гули сари сабад буд. Зиё, ки солхои зиёд бо халки ин сарзамин наздикй дошт, забони онхоро низ омухт ва бо эшон бо забони хиндй гуфтугу мекард. У дар тули рузгораш бисёр китобхои хиндиро хонд, омухт ва онхоро ба забони точикй баргардонд. Бештари хикоёту ривоёти аз хиндй баргардондаашро дар «Тутинома» дохил намуд.

Зиёи Нахшабй умри дарози пурбаракат дид. У соли 1350 дар шахрчаи Бадоун аз дунё гузашт.

ОСОРИ ЗИЁИ НАХШАБЙБояд тазаккур дод, ки бештари асархои адиб то замони мо

омада расидаанд, вале соли таълифи бештари онхо равшан нест. Чуноне ки дар фавк ёд кардем, Зиёи Нахшабй хам нависанда асту хам шоир. Аммо назми Зиё ба тарзи алохида дар шакли девон гирд оварда нашудааст. У дар асархои насрияш пас ба баёни матлабе, вобаста ба мазмуни асар китъа, байт, газал, рубой ва дигар жанрхои шеъриро овардааст, ки онхо фикри баёнкардаи муаллифро боз хам таквият мебахшанд. Ба ин маънй Зиё Нахшабй чунин гуфтааст:

Ба насри хеш соуибнасри лоик;Раво бошад, ки орад назми уар кас.Валекин ман наовардам дар ин насрЗи саъйи килки худ назми дигар кас.

Дуруст аст, ки пеш аз Зиёи Нахшабй нависандагони дигар135

Page 136: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ин амалро анчом дода буданд. Д ар «К|обуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Гулистон»-и Шайх Саъдии Шерозй, «Ч,омеъ-ул-х,икоёт»-и Мухаммад Авфии Бухорой ва амсолиин нависандагон аз назму наср бамаврид истифода бурда шудааст. Ин анъаноти некро Зиёи Нахшабй хдм давом дод. Аммо, чу ноне ки дар китъаи боло ёд кардааст, аз назми адибони дигар истифода набурдааст.

Нависанда дар давоми умри хеш асархои зеринро иншо кардааст:

1. «Тутинома» - бузургтарин асари нависанда. Дар бораи ин асар ба тарики алохида истода мегузарем.

2. «Гулрез»- ин асари ишкй-лирикист.3. «Ч,узъиёт ва куллиёт»4. «Силк-ус-сулук»5. «Шархи Сураи Забур»6. «Лаззат-ун-нисо»7. «Насоих-ул-мавоиз»8. «Ашараи мубашшира»- Мутаассифона, аз ин асар то ба

имруз ба чуз ном ягон нишоне омада нарасидааст. Акнун бо тарики мухтасар асархои нависандаро аз назар гузаронида тахдил менамоем.

«ГУЛРЕЗ». Ин асар ишкиства дар осори нависанда макоми арзанда дорад. Махсусан забони «Гулрез» сода буда, дар кушодани бисёр хусусиятхои насри асримиёнагии точику форс кумаки амалй расонида метавонад. Соли нигориши асарро Зиёи Нахшабй дар ягон чойи «Гулрез» кайд накардааст. У дар мукаддимаи асар «Дар боби сохтани китоб» дойр ба баъзе хусусиятхои «Гулрез», аз чумла мухим будани мавзуъ, хунари нигорандагии хеш ва дар як муддати кутох cap кардану анчом додани достон маълумот додааст. Баъд аз ин муаллифи китоб чун анъаноти нигорандагй дар мавзуи хамд, наът, хасби хол, сабаб ва амеоли ин фаслхои алохида додааст. Зиёи Нахшабй «Дар боби мазаммати фалак ва абнои рузгор» фасли алохида дода, дар ин боб муносибати хешро нисбати хаёти сиёсй- ичтимой, маданию иктисодй баён карда, зулму истисмори золимон, беадолатию бенизомии ахли чоху мансабро ёд мекунад. Пас аз ин нависанда ба мавзуи асосии асар мегузарад. Композитсияи асар ё устухонбандии «Гулрез» чун «Х,азору як

136

Page 137: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

шаб» ва киссахои ошиконаи асрхои пешин хикоя андар хикоя омадааст. Сарогози ин киссаи ошикона аз хикоёти шохзодаи Нахшаб Махсумшох ва духтари шохи париён - Нушлаб, ки дар асар ба сурати мург дода шудааст, огоз меёбад ва дигар хикояхою киссахои овардашуда ба ин хикоят пайванданд ва аз ягон чихат онхо макому манзалати накшхои асосиро кушода медиханд.

М ухимтарин хусусияти «Гулрез» он аст, ки дар он намунахои зиёди назмй оварда шудаанд. Дар байни намунахо жанрхои рубой, газал, китъа ва таронахои зебо бештар дида мешаванд. Дар «Гулрез» беш аз 1200 байт оварда шудааст, ки онхо бо санъати баланд эчод гардидаанд ва Зиёи Нахшабй хамчун шоири баркамол ба назар мерасад. Бештари намунахои газалмонанд дар муколама ва гуфтору посуххои ошиконаи байни Ачабмалик ва Нушлаб ба назар мерасанд, ки онхо асарро хонданй, хушобуранг намудаанд. Боз як хусусияти «Гулрез» он аст, ки дар мавридхои алохида хикояхои кутохи ошикона оварда шудаанд, ки онхо ба 20-то мерасад. Онхо хам дар мавриди худ барои барчаста баромадани симохои асосии асар хизмат кардаанд. Забон ва тарзи баёни нависанда ба насри маснуъи замони шоир, ки хукмрон буд, монанд аст. Калимоту ибороти арабй, хадису оёти «Куръон» дар асар хеле зиёд омадааст. Аз ин ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки Зиёи Нахшабй забони арабиро хеле хуб медонистааст.

«НУЗЪИЁТ ВА КУЛЛИЁТ». Ин асар хам насрй буда, бо порчахои назмй ороста гардидааст ва аз ин чихат ба «Гулрез» монанд аст. Мавзуи асар бахси чузъиёт ё узвхои бадани инсон мебошад. Маънии асар он аст, ки чузъиёт бо хам чамъ омада, куллиётро ташкил додаанд. Яъне, онхо дар кулл бадани инсонро ташкил медиханд. Асар аз 40 боб иборат мебошад ва хар як боб ба як узви инсон бахшида шудааст ва нависанда дардхо, дорухои табобатии он узвро баён мекунад ва барои бех шудани он дард тавсияхои муфид пешниход менамояд. Аз ин нигох асар ахамияти калони тиббй дорад. Масалан, бобхои дар бораи муй, cap, димог, пешонй, абру, пилк, мижа, чашм, ашк, бинй, рухсора, гуш, зулф, хат, лаб, дахон, дандон, забон, занах, руй, хол, гулу, гардан, пушт, устухон, бозу, par, даст, ангушт, нохун, сина, дил, рух, пахлу, шикам, камар, зону, сок

137

Page 138: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ва пой бо хам бах,с мекунанд. Еайр аз ин дар асар мавзуъхои панду ахлокй, тасаввуфй низ омадаанд, ки мавзуъхо ба мавзуи асосии асар дар алокамандй баррасй гардидааст.

«Силк-ус-сулук». Ин асар аз нигохи мазмуну гояи худ динй- тасаввуфист. Метавон бо камоли боварй гуфт, ки Зиёи Нахшабй асари хешро барои соликони рохи Хдк иншо кардааст ва хамчун китоби дарсй барои толибилмон, барои он нафароне, ки хамин рохро интихоб карда, ниёз ба донистани нозукихои ин чараён доранд, муфид аст, бисёр масоилро равшан мегардонад ва дар донистани хусусияти он ба соликон кумак хохад расонд.

Ин рисола аз 151 силк, яъне фасл иборат аст. Муаллиф дар хар як силк усул, равиш ва рохдои силкро аз нуктаи назари илмй, дар асоси гуфтахои машоихи муътабару номдор баён карда, баъд барои таквияти андешахояш аз оятхои «Куръон», аз хадисхои Расули акрам (с), аз рузгори хулафои рошидин, машоиху уламои ба Хдк расида асарро зебу зинат додааст. Асари «Силк-ус-сулк» аз лихози забон ва тарзи баён мураккаб буда, дар сабки насри маснуъ иншо шудааст.

«ЛАЗЗАТ-УН-НИСО». Зиёи Нахшабй ин асарро аз забони хиндй ба точикй тарчума намудааст. Хохиши хамсолон, дустон сабаб гардид, ки ба тарчумаи он камар бандад. Хангоми тарчума киссахои асарро хеле кутох намуд. Масалан, агар «Лаззат-ун-нисо» дар забони хиндй 34 фаслро ташкил медода бошад, баъд аз тарчума микдори фаслхо ба 10 расид. Мавзуи он, ба илми тиб бахшида шудааст.

Метавон гуфт, ки дар аерхои минбаъда асари мазкур таъсири калон расонд ва дар пайравй ба он ба мисли «Иёри дониш» асархои зиёд нигошта шуданд.

Хамин тавр, чуноне ки дар боло ишорат шуд, асархои «Ш архи сураи Забур», «Насоих-ул-мавоиз» ва «Ашараи мубашшира»-ро як гурух муаллифони сарчашмахо ва олимони ш аркш инос ба Зиёи Н ахш абй нисбат додаанд, вале, мутаассифона, то замони мо аз ин асархо ба чуз ном дигар осоре боки намондааст.

«ТУТИНОМА»-И ЗИЁИ НАХШАБЙ«Тутйнома» хам аз нигохи мазмуну мундаричаи идеявй ва

аз хам нигохи хачму дарбаргирии масъалахо бузург буда, дар138

Page 139: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

эчодиёти адиб макоми хоса дорад. Асар аз чихати композитсия ё устухонбандии дохилй махсусиятхои назаррас дорад. Бо ин тарзу усул хануз дар замонхои кадим дар байни халкхои чахон, аз чумла мардуми ачамтабор асархо мавчуд буданд, ки онхо бо гузашти айём шакл гирифта, тагйир ёфта, то имруз омада расидаанд. Намунахои онхо бо забонхои сугдй. иахлавй, форсии миёна, хиндию хитой ва гайра мавриди истифода карор доштанд. Мисоли равшани он наклу ривоятхои «Авасто», «Минуи хирад», «Шохнома», «Хдзору як шаб», «Калила ва Димна», «Шукасантанти», «Синдбоднома» ва гайра шуда метавонанд. Дар ин асархо киссахо, аз наклу ривоягхо, мифу асотирхо, ки мазмунхои мухталиф доранд, то замони мо бештари онхо омада расиданд.

Метавон бо камоли боварй гуфт, ки Зиёи Нахшабй хам аз хамин асархо илхом гирифта, асари хешро офарид. Мо хуб огох хастем, ки Зиёи Нахшабй забонхои арабй, пахлавй, сугдиро хануз то ба Х,инд хичрат карданаш омухта, аз худ карда буд. Чун ба Х,инд рафт, забони хиндиро низ омухт ва асархои насри ривоятии хиндиро дар асл хонд ва барои хеш маводи арзишманде гирд овард. Х,атто забондонияш ба чойе расид, ки аз забони хиндй ба забони точикй асархоро тарчума намуд.

Зиёи Нахшабй «Тутинома»-ро соли 730 хичрй, яъне соли 1329 мелодй навишта ба анчом мерасонад. Дар ин бора худи нависанда мегуяд:

Зи х;ицрат х,афсаду ей буд он шаб,Ки ман ин цисса^о кардам мураттаб.Зиёи Нахшабй афсошщо гуфт В-аз ин афсонах,о дар хоби хуш хуфт.

Муаллиф дар мукаддимаи «Тутинома» дар бораи аз хикоёту ривоёти мардуми точику форс ва хинд истифода бурданаш ёдовар шуда, чунин мегуяд: «Панчоху ду хикоят ба иборати хуб ва истиороти маргуб дар у амсол... навишта шуд ва хикояте, ки безабту бе рагбат буд, онро мазбут (хорич) карда омад ва матлаъ ва мактаи хар якеро тартиб ва тавзех дода шуд ва хикояте чанд, ки кабех ва безавк буд, бадали он хикояти дигар тахрир ёфт. Ва ин аруси хулдлутф (бихиштмонанд)-ро дар назари шохони маънй ба ду даст чилва дода омад.

139

Page 140: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Гу и ба замин ситора омад,Юсуф ба цауон дубора омад».

Метавон аз хамин як байт аз хунару истеъдоди шоирии Зиёи Нахшабй маънй бардошт. Гузашта аз ин, байти боло ба мазмуни асар низ пайванди ногусастанй дорад.

Акнун, пеш аз он ки дар бораи гоя ва мазмуни асар андешаи хешро иброз дорем, лозим аст, ки нахуст сужети мухтасари «Тутинома»-ро накд намоем. Дар сарзамини Х,индустон марди сарватманде бо номи Муборак рузгор дошт. У аз давлату сарват бениёз буд. Аммо хамаи ин барояш кимату арзиш надошт. Зеро М уборак писар надошт ва аз даргохи Худованд илтичо менамуд, ки писареро барояш ато бикунад. Чанд сол гузашт, дуояш мустачоб гардид ва сохиби писар шуд. Муборак ба тифл Маймун ном гузошт, ки маънояш хубруй, зебо, фархунда ва нектолеъ мебошад.

Дар хакикат, писари Муборак арзандаи номаш буд. Маймун дар давлати падар бузург шуд, илму адаб омухт. Чун ба синни хаждахсолагй расид, туй карду духтари зебоеро бо номи Хучаста ба у дод. Маймун боре ба тичорат баромад ва дар бозор тутиеро дид, ки дар сурат зебо ва дар гуфтор доно ва хушнаво буд. Майли харидани тутй кард ва аз сохибаш нархашро пурсид. Сохибаш кимати тутиро баланд бардошта, «хазор динор» гуфт. Маймун ба андеша рафт ва азми хона кард. Тутй дархол ба забон омад ва ба Маймун гуфт: «Эй чавон! Ту кадри ман чй донй ва кимати ман чй шиносй?! Агарчи ман мушти парам, аммо аз хама улум бохабарам. Масалан, умури мустакбалро (ходисаи пешомада) пеш аз вукуъ (пеш аз огоз) ба дах руз медонам. Инак, пас аз се руз дар ин шахр корвони Кобул ба талаби матои сунбул хохад расид. Бояд ки хар чо сунбул аст, гирд орй! Биноан маро шартан ба се руз бихар. Агар корвон дар рузи сеюм расида аз он савдо фоида ёфтй, кимати маро адо кун. Вагарна рузи сеюм маро ба сохибам бисупор». Гуфтори тутй ба Маймун маъкул афтод ва тутиро харидорй кард. Пас аз се руз корвон аз Кобул омад ва Маймун аз ин додугирифт фоидаи зиёд бардошт. Мехру боварияш нисбати тутй афзуд. Хамеша дар масъалахои савдо ва дигар мавзуъхо бо тутй машварат мекард ва тутй хамдами розаш гардид. Боре тутй ба Маймун маслихат дод, ки ба тичорати дарё барояд ва фоидаи зиёд ба даст хохад овард.

140

Page 141: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Маймун ба сафари дарё ризо шуд. У ба бозор рафта, боз як тутии дигар, ки Шорак ном дошт, харид. Шорак бо хдмчинси худ мунис шуданду бо хам сухбат оростанд. Вале ба сафар кардани Маймун Хучаста ризо набуд. Маймун ба гуфтори у гуш надода, уро бо ин ду тутй гузошта, азми сафари дарё намуд. Чанд руз гузашт, Хучаста ба чавони зебое ошик шуд ва мехост, ки наздаш равад ва бо у айшу ишрат намояд. Бинобар ин, аз Шорак маслихат пурсид. Шорак уро панд дод, ки ин кори ношоиста аст, аз Худо битарс, гунохи азим аст. Панди Шорак ба Хучаста маъкул нашуд ва аз кафас Ш оракро бароварда, сараш ро бурид. Рузи дигар м асъалаи ба назди чавон рафтанашро ба тутй арз кард ва аз у хам маслихат пурсид. Тутй, ки аз марги хамчинси худ огох буд, панд гирифт. Нахуст кори Хучастаро писандид ва дар хамин мавзуъхо ба у хикоёту ривоёти рангин накл кард. Чун тутй хикояи бисёр ширину гувороеро накд мекард, шаб руз мешуд ва Хучаста ба назди дилдодаи худ рафта наметавонист. Боз бегох Хучаста назди тутй меомад ва боз тутй ба киссапардозй огоз мекард. Бо хамин тарз 52 руз гузашт ва Хучаста ба назди чавон рафта натавонист ва дар рузи 52-юм Маймун аз сафари дарё бозгашт. Тутй хамаи ходисахои шудагиро начакондаю нарезонда ба Маймун накл кард. Маймун аз марги Шорак гамгин шуд ва дигар аз хиёнати Хучаста ба газаб омада, уро катл намуд. Мазмуни мухтасари «Тутинома» аз хамин иборат аст.

Дар асар омадани хамон хикоёту ривоёти «Тутинома» устухонбандии онро ташкил додаанд, ки ин як сабки баёни фикри нависанда низ хает. Вале дар алохидагй хар як хикояи асар, ки бо номи достон ёд мешавад, мавзуъ ва мазмуни мустакил дорад. Мавзуи хикоёту ривоёти «Тутинома» рангин буда, ба масъалахои мухталиф бахшида шудаанд. Фикрхои ичтимой, ахлокии нависанда дар рафти амалиёти кахрамонон, персонажхои асар ба калам дода шудаанд. Натичаи пандомузи хикояти аввал, ки 52 хикоя ё достони дигар ба он пайванд шуда омадаанд, мисоли равшани фикри боло шуда метавонад. Марги Шорак як ходиса ё як тасвири оддй нест. Шораки покбину покахлок, ки дили софи бегаш дошт, хост ки ба воситаи суханони талхи ибратомуз кирдори Хучастаро нишон дихад ва уро аз руи хиёнат нисбат ба шавхараш бигардонад, аммо чй дид? Дар ин рох халок шуд. Тутй ин ходисаро бо чашмони худ

141

Page 142: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

дида, панд гирифт ва гуфтори хешро бо Хучаста дигар кард, яъне рохи мусолихаро пеш гирифт. Нахуст кори пешгирифтаи уро мувофики матлаб донист ва дойр ба ин масъала хикоёту киссахои фаровон барояш накл кард. Ин ягона тадбире буд, ки метавонист Хучастаро аз ин рохи бад (хиёнат ба шавхар) боз дорад. Кори у самар дод, вакт зоеъ нарафт, корашро кард ва Маймун аз сафар бозгашт. Дар ин маврид дар симои тутй хирадмандй, дурандешй ва ботадбирии окилону хирадмандон тачассум ёфтааст. Дар «Тутинома» кору рафтори точирон, дехконон, хунармандон, ахли чоху мансаб, волиён, шайхон, козиён ва дигар табакоти чамъият дар зимни хикоёту ривоёт, ки дар асар бо номи достон ё кисса ёд шудаанд, бисёр возеху равшан инъикос ёфтаанд.

FOAM ШОХИ ОДИЛ ДАР «ТУТИНОМА»

Дар «Тутинома» бисёр киссаю хикоёте оварда шудааст, ки дар онхо кору рафтори шохон, ройхо (дар забони хиндй подшохро рой мегуянд) нисбати раъият, хокимону волиён, козию муфтй ба калам дода шудаанд. Дар онхо кору рафтори шохон гох мазаммат карда шудааст ва гох таърифу тавсиф. Кору амали онон дар хар ду маврид хам асосан дар зимни ашхоси таърихй чамъбаст гардидаанд. Нависанда дар баробари инъикоси хислатхои шохони одилу раъиятпарвар ба шохони золим, агарчи мусулмон хам бошанд, назари нек надошт. Ин аз он сабаб, ки дар рузгораш шохони золими таърихй хеле зиёд буданд. Худи кору амали Алоуддини Хилчй (1296-1316), Кутбуддини Муборакшох (1316-1320), Гиёсуддин Мухаммади Туглук (1320-1351) мисоли равшани фикри мо шуда мегавонанд. Онхо шохони золим, госиб ва чохил буданд. Илова ба ин, барои точу тахт якдигарро ба катл расониданд. М уборакш ох Хизрхони бародарашро аввал кур кард ва пасон ба катл расонид, ки Зиёи Нахшабй шохиди чунин ходисахои нанговари хунин буд. Метавон гуфт, ки бехтарин хисоли неки шохон дар симои ройи (подшохи) бузурги хиндувон Викрамодит чамъбаст гардидааст. Шохи одил бояд ба чунин сифатхо ороста бошад: «...бори раоё кашанд ва гами раоё хуранд, аз дастшударо дастгир шаванд ва дармондаро поймардй кунанд». Ройи бузург (дар хикоёти шаби 7-ум) барои ба максад расонидани

142

Page 143: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

чавонмарди камбизоат, ки ба духтари подшохе ошик шудааст, як бори фил зар медихад ва хатто омода аст, ки чони азизашро дар ин рох курбон намояд.

Нахшабй дар бисёр хикоёт зулму бедодй, бехирадию беандешагии рой ва подшохонро ба тарзи тамсил ба калам додааст, ки хонанда пас аз мутолиаи он аз хакикати он ба тезй огох мегардад. Масалан, дар хикоёти шабхои 7, 40 ва 51 хамин масъалахо бо камоли махорат инъикос ёфтаанд.

Дар чойи дигар Нахшабй ба шохони замонааш хушдор медихад, ки агар зулму бедодиро дар хакки раъият раво бинанд, душманашро ба мулкаш даъват менамояд ва давлат ба осонй аз дасташ меравад. Дар поёни хикоят хулосаи нависанда бо китъаи зер чамъбаст шудааст:

Нахшабй, зулм бадтарин низ аст,Аз ситам сииауо кабоб шаванд.Хар кй бо хонае кунад зулме,Хонааш оцибат хароб шавад.

Нихоят, нависанда ба чунин хулоса омадааст: «Оре, чун ба дидаи имтихон бубинед ва ба чашми хакикат нигох кунед, ботини подшох чамъ хам намебояд, ки чамъияти ботини эшон парешонии халк аст».

Дар «Тутинома» нависанда хикоётеро овардааст, ки дар онхо макоми вазирону дабирони хирадмандро басо бузург шуморидааст. «Оре, султони мутлаки таоло агарчи мулуку салотинро неъмати бисёр бидихад, аммо эшонро хеч неъмате болотар аз вазири некурой нест.

ТАВСИФИ ГУРУХХОИ ПОЁНИ НОМЕА

Бисёр хикоёту киссахои «Тутинома» ба кору зиндагии мардуми одцй, ахди хунар бахшида шудаанд. Зиёи Нахшабй, ки худ аз байни хамин мардум баромадааст ва хунари волои нигорандагй дорад, рафтору кирдор ва гуфтори ин табакаи чамъиятиро хеле хуб медонад ва дар асараш симои онхоро вокеъй ба калам додааст. Дар хикоёту киссахои у наччору заргар, меъмору бинокор, дарзию кишоварз, дехкону богбон, мутрибу шоир, кулолу ранграз, сайёху сайёд, сипохию тирандоз

143

Page 144: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ва амсоли онхо амал намуда, нависанда бо камоли эхтиром дар бораи онон сухан меронад. Махсусан, ба косибони чирадаст, бофандагон, заргарон муносибати хайрхохона дорад ва таъкид менамояд, ки ахли хунар мардуми хушбахтанд.

Нахш абй дар хикоёти ш абхои 27, 28, 34, 44, 48-ум хунармандй, мехнатдустй, халолкорй ва истеъдоди ахли хунарро хеле табий инъикос намудааст.

Дар бисёр хикояхо рузгори нохуш, хаёти талху ногувори мардуми овора, чилои ватаншуда ба калам дода шудааст. Чунин хикояхоро дар шабхои 3, 27 ва 47 пайдо карда метавонем. Мазмуни чунин хикоёт аз он иборат аст, ки чунин ашхоси аз ватан дур дар ин чо хам рузгори бад доранд. Ба кадри онон ахли чоху сарват намерасанд. Онхо барои пайдо кардани кути лоямут шабу руз мехнат мекунанд, аммо онхоро озор медиханд. Аз гуфтори нависанда мусаллам мегардад, ки зимни баёни ин холатхои ногувор дилаш ба дард меояд ва бо як хиссиёти гайриоддй хаёти талхи ононро баён менамояд. Охир, худи Зиёи Нахшабй хам ба хамин табака дохил мешуд ва у низ аз Ватан беватан шуда, мисли садхо оворагон ранчу озор мекашид. Аз ин нигох тасвири нависанда хакикати вокеъист ва чунин хикояхо хакикати вокеъии зиндагии ин гуруххои чамъиятии онрузаро вокеъбинона инъикос мекунанд.

Зиёи Нахшабй дар баробари нишон додани хар гуна зулму золимй, ифшои хаёти кашшоконаи мардуми оддй шохону хокимонро аз окибати ногувори амалашон огох мекунад ва ононро аз мукофоти амал метарсонад ва таъкид менамояд, ки золимон бечазо намемонанд:

Нахшабй, нест бе цазо сшале,Чанд бошй ту дар ризои бадй?!Хар кй бад мекунад, х;амеёбад,Хам ба дунёи дун цазои бадй.

Хулоса, Зиёи Нахшабй хамчун як нависандаи хакгуй бар зидди золимон баромада, мазлумонро ба хар роху восита химоя кардааст. Махз асари «Тутинома» ва худи уро хамин чанбахои гуманистй, инсонпарварй, некандешию хайрхохй нисбати бечорагон, мазлумон ва оммахои мехнаткаш дар байни халк макбулу машхур гардонд. Ба хотири хамин гояхои олй таъсири «Тутинома» дар аерхои пасин зиёд шуд ва дар пайравии он даххо

144

Page 145: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

«Тутиномахо» иншо шуданд ва «Тутинома»-и Зиёи Нахшабй ба бисёр забонхои дунё тарчума ва нашр гардид.

САВОЛ ВА СУПОРИШ1. Зиёи Нахшабй чаро ба Х,индустон сафар кард?2. Мегуянд, ки Зиё забони хиндиро медонист. Оё хамин фикр

дуруст аст?3. Чаро у ба дарбор нарафт?4. Зиёи Нахшабй кадом асархоро офарид?5. Чаро нависанда ба асараш «Гулрез» ном ниход?6. «Гулрез» дар кадом мавзуъ иншо шудааст?7. Чаро асари нависанда «Чузъиёту куллиёт» ном гирифт?8. Дар кадом мавзуъ асар бахс мекунад?9. Кадом асархои нависанда то замони мо омада нарасиданд?10. Маънои асари «Силк-ус-сулук» -ро шарх дихед.11. Шумо номи асари нависанда «Тутинома»-ро чй хел

мефахмед?12. Устухонбандии «Тутинома» чй гуна аст?13. Маймун чй маъно дорад?14. Чаро Маймун тутиро харид?15. Сабаби ба сафар баромадани Маймун чй буд?16. Хучаста чаро Шоракро катл кард?17. Оё рафтори Хучаста дуруст буд?18. Андешаи шумо дар бораи рафтори тутй чй гуна аст?19. Чаро Хучаста тутиро катл накард?20. Назари Зиёи Нахшабй нисбати замонааш чй хел аст?21. Адолатпарварии шохонро шумо дар чй мебинед?22. Муносибати нависанда нисбати хунармандон чй хел аст?23. Мукофоти амалро чй хел мефахмед?24. Дар бораи кору рафтори нависанда шумо чй андеша доред?

РУЙХА ТИ АДАБИЁТИ ИЛМЙ ВА МЕТОДЙ1.А. Алимардонов. Зиёуддини Нахшабй ва «Тутинома»-и у.

«Дониш», Душанбе, 1980.2. Дастчамъй. Адабиёти форсу точик дар асрхои XII-XIV,

кисми дувум. «Дониш», Душанбе, 1983.3. Т. Мирзод ва диг. Методикаи таълими адабиёти точик.

Маориф, Душанбе, 1991.

145

Page 146: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ИБНИ ЯМИН (1286-1368)

Амир Фахриддини Махмуд Ибни Яминиддин соли 1286 дар дехи Фарюмад, ки 16 фарсанг дуртар аз шахри Сабзавор вокеъ гардида буд, ба дунё омад. Падари Амир Фахриддини Махмуд Яминиддин ном дошт ва марди сохибмаърифат ва шоир буд. Яминиддин дар дарбор, дар назди вазири Хоча Алоуддини Махмуд вазифаи муставфигиро1 ба зимма дошт ва рузгори хуш доштанд. У дар хамин оила рушду камол ёфт ва бо дастгирии волидайн илм омухт ва сохибм аълумот гардид. Амир Фахриддин барои такмили дониш ба шахри Сабзавор рафт ва дар пеши бузургони илму адаб дониши хешро сайкал дод. У асосан илми шеъру адаб ва арузу кофияро дар назди падар омухт. Падари Фахриддини Махмуд нозукихои пешаи шоириро хам аз нигохи назарй ва хам амалй хеле хуб медонист ва онро ба фарзандон таълим дод. Чун Амир Фахриддини Махмуд бузург шуд ва ба шеър гуфтан o f o 3 кард, барои худ тахаллуси Ибни Яминро лоик донист ва пасон бо хамин унвону тахаллус дар байни хосу ом маъруфу машхур гардид.

Аммо ин хаёти пурнишоту рузгори хуш дер давом накард. Нахуст падари Ибни Ямин соли 1322 вафот кард. Шоир мачбур шуд, ки ба дарбори Хоча Алоуддин биёяд. Махз дар хамин давра дар ситоиши Хоча Алоуддин касидахои мадхй иншо намуд. Аммо дар дарбор ба у руи хуш надоданд. Бинобар ин, мачбур шуд, дарборро тарк намояд. Пас ба Гургон рафт ва чанд муддат дар хизмати хокими он чой бимонд. Дар хамин вакт Сарбадорон зухур намуданд. Косаи сабри мардум аз зулму тааддии истилогарони мугул лабрез шуд ва бахри озодй ба киём хестанд. Ибни Ямин хам ба Сарбадорон хамрох шуд ва хам бо камону шамшер ва хам бо калам муборизаро cap кард. Ибни Ямин дар яке аз мухорибахои шадид, ки соли 1342 дар шахри Зовани вилояти Хуф ба амал омада буд, асир афтод.

Хамин тавр, Ибни Яминро дар катори асирон ба Хирот оварданд. Он чо чор сол дар зиндон ранчу озор дид. Хамеша дар пеши назараш симои модари мехрубон ва кудакони

1 Муставфй- мансаб, сардори мухосибон ё сармусохиб

146

Page 147: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

хурдсолаш чилвагар буданд. Бо ёди онхо шабонро дар зиндон руз мекард. У гаму дарди хешро бо шеърхои чигарсузаш таскин мебахшид. Барояш зиндонбони гамгусор дафтар, давоту калам меовард. Баъзе китъаоти дардноке дар кунчи зиндон эчод бикард. Овозаи ин ба гуши Амир Х,усайни Курт расид ва бо амри у Ибни Ямин аз зиндон озод шуд. Пасон шоир соли 1347 назди пайвандону модари мушфики мехрубон озими рох шуд. Чун ба дехи Фарюмад ворид гардид, модари гамдида гуё болу пар кушод ва бо пайвандон писари шоирашро истикбол гирифт. Аз чашмони фурурафтаю мехрангези модар донахои ашки шодй метаровид. Модар писарашро ба огуш кашида, бусаборон мекард. Шодии фарзандон хадду канор надошт.

Ибни Ямин то поёни умр дигар зодгохашро тарк накард. Боги ноободи падарро боз обод намуд. Дар канортари он 6 o f h нав бунёд кард. У мехнат мекарду эчод хам. Дар асархои офаридааш ходисоту вокеоти аз cap гузарондаашро хеле вокеъбинона руйи дафтар меовард. То тавонист, то дарёд дошт, абёти девони гумкардаашро баркарор намуд.

Хулоса, Ибни Ямин умри бобаракат дид. Соли 1368 дар зодгохаш - дехаи Фарюмад аз дунё гузашт. Ш оирро дар пахлуи падар ба хок супориданд.

МЕРОСИ АДАБИИ ИБНИ ЯМИН

Чун оне ки дар боло иш орат кардем, дар чангхои истиклолхохй, муборизаи беамон алайхи мугулхо девони Ибни Ямин аз байн рафт. Ба хар хол, то рузхои вопасини хаёти хеш у калам аз даст нагузошт ва эчод кард. Девони дувуми шоир аз 16 хазор байт иборат мебошад. Бо камоли боварй метавон гуфт, ки дар осори бокимондаи Ибни Ямин жанри китъа макоми хоса дорад. Бештар афкори ахлоки, сиёсй ва ичтимоии шоир дар китъаоти у инъикос ёфтаанд. Дар ин бора ба тарзи алохида дар поёнтар таваккуф хохем кард.

Пас аз жанри китъа дар эчодиёти адиб газал, касида, рубой, тарчеъбанд, таркиббанд, мустазад омадааст. Ибни Ямин дар газалсарой ба Камол ва Шайх Саъдй пайравй намудааст:

Вакти он омад, ки гуяд чун Камол Ибни Ямин:«Бо парируе, ки чун у дилбари айёра нест».

147

Page 148: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Мавзуи асосии газалиёти шоир тавсифи ишки инсонист. Ба хдмин маънй Ибни Ямин мегуяд:

Ишцбозй бо рухи маъшук, коре бас хуш аст,Рузгори ишк,, алхгак1, рузгоре бас хуш аст.Окибат, гуянд, бошад шшфозиро вах,им, 2\ а р чй хох,й, бош, гуй, ин лах;за боре бас хуш аст.

Чуноне ки аз тарчумаи холи шоир медонем, у бештари рузгори хешро дар гарибй, дар мусофирй дур аз Ватан гузаронидааст. Асирй, гурбати чудой аз фарзандон дили адибро озурда карда буданд. Ана хамин рузгори нохуш, кунчи зиндон дар баъзе газалиёти шоир бисёр ба дард садо дода, калби хонандаро ба шуру галаён меорад. Дар газали зер шоир ёди Хуросон мекунад.

1. Суб^дам боде, ки аз хоки Хуросон медамад,Чун дами Ру%улк;удуе3 дар пайкарам цон медамад2. Боди субх, аст ин надонам? Ё насими nupax.au,К-аз барои кур чашми пири Каньон медамад.3. Чун гузар кардаст бар хоки Хуросон, лоцарам Ру^парвар чун насими боги Ризвон медамад.4. Булбули табъи маро ояд насими куйи у Хамчу боди субх,гох,й, к-аз гулистон медамад.5. Мебарад цамъият аз Ибни Ямин якборагй Нафх,ае, к-аз чини он зулфи парешон медамад.

Ибни Ямин дар як газали дигараш, ки аз гурбат, аз зиндон рахой ёфта, майли диёр дорад, боз ба дидани диёру пайвандон ва модари мехрубон шарафёб мегардад, хурсанд аст ва дар ин маврид хешро аз шодию фарах ба булбули зор, ки ру ба гулистон дорад, монанд кардааст. Ё дар байти дувум хешро ба Яъкуб, ки дар гаму дарди Юсуф дар Канъон кур шуда буд, монанд намудааст. У табли шодй мезанад, ки ба дидори Юсуф, яъне ба дидори ёру ошно, пайвандон ва Ватани мехрубонаш - Хуросон мушарраф мегардад. Дар баёни фикр ва эхсоси калби хеш шоир санъатхои ташбеху истиора ва талмехро хеле хуб корбаст намудааст. Таваччух намоед ба газал:

2 Ва\им- бад, х.аннок3 Ру хул куду с- {азрати Исо (а)

148

Page 149: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

1. Ин манам бори дигар азми Хуросон карда,Руй чун булбули шайдо ба гулистон карда.2. Буда Яъкубсифат сочини байтулэузон В-ин замон руи суи Юсуфи Каньон карда.3. Баста эуроми тавофи уарами уазрати дуст, Киблагоуи дилу цон абруи цонон карда.4. Шодии давлати васлаш паси чандин гами уацр,Бар дилам мушкили даври цамар осон карда.5. Кай бувад боз, ки хоки кафи пояш бинам Сурмаи равшании дидаи гирён карда,6. Шукр гуям аз он толеъи саргаштаи хеш,Гар бубинам рауи уицрон-ш ба поён карда.

Ибни Ямин дар бисёр газалхояш бахору шукуфтани гулхо, зебою рангин шудани лаби чуйю богу чаманро ёд мекунад ва таъкид менамояд, ки аз ин зебоихои табиат бояд истифода бурд. Дар ин маврид айёми чавонии инсонро ёд карда, хуш гузаронидани онро таманно дорад. Шоир барои таквияти фикраш аз зарбулмасалу маколхо, суханони пандомези пешиниён истифода мебарад.

1. Биё, сок;й, ба даври дустгонй,Бидех, бар гул шароби аргувонй.2. Канори цуйбор аз хуррамй шуд3. Ниуон кард об розй дил, вале хок Падид овард асрори ниуонй.4. Чаман чун кулбаи гауварфуруш аст Зи зеваруои дарёиву, конй.5. Хушо он кас, ки чун наргис зи мастй Фитад дар пойи сарви бустонй.6 . Тараб з-имруз бар фардо маяфкан,Чй зояд ин шаби уубло, чй донй?7. Мацуй, Ибни Ямин, цуз некномй,Агар хоуй, ки доим зинда монй.8 . Намирад х;ар кй номи нек аз у монд,Хамин бошад уаёти цовидонй.

Газали боло оханги хаётдустона дорад. Инсонро ба болидахотирй ва аз олами зебой лаззат бурдан, зиндагиро хуш

149

Page 150: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

гузаронидан хидоят мекунад. Вале ин маъно дар газал хддди охир нест. Адиб дар анчоми газал ба хонанда боз нуктаи дигарро ёдрас мекунад ва таъкид менамояд, ки чавониро танхо ба тараб, ба айшу хурсандй гузаронидан шоиста нест.

Ибни Ямин таркиббанду тарчеъбандхои содаю гушнавоз ва пурмазмун эчод кардааст, ки ин чо яке аз он таркиббандхоро бо хам дида мебароем. Таркиббанд дар васфи тирамоху зимистони кахратун иншо шудааст. Бо камоли эътикод метавон гуфт, ки ин шеър бо ин мазмуну мухтавояш дар адабиёти гузаштаи камназир аст. Дар эчодиёти аксар адибони классик ва имруза шеърхое, ки бахору дигар фаслхоро тавсиф кардаанд, хеле зиёданд. Вале дойр ба фасли зимистон, сардию хунукихои он адибон хеле кам таваччух кардаанд. Дар баробари сардихои зимистон оташ мукобил гузошта шудааст ва оташу хубихои он мадху ситоиш ёфтааст.

Дар банди нахусти таркиббанди «Зимистон» фасли тирамохи зарринкабо тавсиф ёфтааст ва дар байти аввал шоир аз чашни Мехргон, ки дар огози фасли тирамох. тачлил мегардад, ёд кардааст:

Е насими мех,ргонро заргарй оин шудаст,Луъбатони богро зевар х,ама заррин шудаст.

Дар ин байт шоир нишонахои тирамох, яъне заррин шудани бог ва умуман табиатро тавсиф намуда истода, пасон аз омад- омади зимистон мужда медихад. Ин банд бо байти зерин огоз ёфтааст:

Гашт батман х;амчун Намруду халоиц чун Халил,3-он ки оташ х,ар якеро чун гулу насрин шудаст.

Шоир аз ёд кардани мохи бахман огоз ёфтани фасли зимистонро дар назар дорад ва боз дар ин маврид ба санъати талмех ру меорад. Ибни Ямин фасли зимистонро ба Намруд ва халоикро ба Хдзрати Иброхими Халиллулох монанд кардааст. Чаро монанд кардааст? Барои равшан намудани ин маънй ривояти «Хазрати Иброхим ва Намруд»-ро ёдовар шудан ба матлаб наздик аст. Иброхим мукобили расму оини бутпарастй баромад. Барои хамин гунохаш шохи золиму муктадир Намруд ба одамхояш мефармояд, ки хезуми бисёр чамъ кунанд. Хезум

150

Page 151: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

мисли кух мешавад. Баъд онро оташ мезананд. Ана аз байни хамин оташ Иброхим мегузарад ва кухи оташ барояш мисли гулистон мегардад.

Дар рубоиёти Ибни Ямин мавзуъхои ахлокй, фалсафй ва ишкй бештар ба назар мерасанд.

Бо мутрибу май х,урсириште гар х,аст,Бо оби равон канори киште гар х,аст,Без; з-ии маталаб, Бщишт бех,уда макоб!К-он нест, цуз ин нест Бщиште, гар х;аст.

Агар зиндагият ба муроди дилат бошад, агар дар пешат мутрибу май ва зебосанаме ч,илва намояд, шукрона куну дигар аз ин зиёд талаб накун, ки Бихишт хамин аст ва рузгорро хуш гузарон.

Ибни Ямин дар поёни умр маснавие иншо кардааст бо номи «Пандномаи Анушервон», ки он аз 115 байт иборат буда, дар вазни «Шохнома»-и Абулкосими Фирдавсй иншо шудааст. Метавон бо камоли боварй гуфт, ки маснавй як ихлоснома ба шохасари Фирдавсист. Зеро Ибни Ямин гаштаю баргашта «Шохнома»-ро мехонд ва нисбати шоири бузург эхтирому садокат дошт. Бехуда нагуфтааст:

Сиккас, к-андар сухан Фирдавсии Туей нишонд, Кофирам, гар ,\ец кас аз зумраи фурсй нишонд.Аввал аз болои курсй дар замин омад сухан,У суханро боз боло бурду дар курсй нишонд.

Ибни Ямин хамбастагй, хамраъйии хешро ба воситаи хамин маснавй баён намуд. Дар «Шохнома» хам Анушервон, ки бо номи Кисро хам ёд мешавад мубадонро даъват намуда, хохиш менамояд, ки барои кори неки оянда, барои рузгори хуши раият панду андарзаш бигуянд. Панду андарзи хафт мубад дар «Шохнома» оварда шудааст. Агар «Пандномаи Анушервон»- ро бо гуфтори мубадон мукоиса намоед, дар байни онхо дар мазмуну сабки баён монандихои зиёдеро эх,сос мекунем. Панднома ба тарики зайл шуруъ мегардад:

Ало, эй х;унарманди покизарой!Зи ман бишнав, ар х,уш дорй ба цой.

151

Page 152: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Чу хох,и шудан з-ин саройи сипанц,Бимон ёдгор аз паси хеш ганц...На ганце, ки бошад пур аз хоста,Ба зарру ба гавх,ар биёроста.Яке ганци нав бояд афканд бун,Ки бошад зару га^вари он сухун....Кунун дар дил, эй номвар, х)уш дор!Суханх,ои Нуширавон гуш дор.Туро зинда гуфтан наёяд дуруст,Агар зиндагонй на дар номи ту ст.Дигар он, ки х;ац гуй бо х,ар касе В-агарчи ба талхй гирояд басе.Дигар oti ки гар мард доно бувад,Ба майдони дониш тавоно бувад...Дигар он ки бе бим бошад касе,Ки озори мардум нацуяд басе.Дигар он ки кадри бузургон бидон!Сухан пеши пион ба андоза рон!Чу к;адри бузургон нигах, доштй Сари сарвариро барафроштй!

Ибни Ямин пас аз додани панду андарзхои судманд дар анчоми маснавй гуфтораш ро ба тарики зайл чамъбаст намудааст:

Ба поён расонидам ин пандх,о,Кушодам зи ганци гух;ар банджо...Гарат х,аст шоистаю дилпазир,Аз ин достон як ба як ёд гир!

КИТЪАОТИ ИБНИ ЯМИН

Чуноне ки дар боло ёд кардем Ибни Ямин дар таърихи адабиёти точику форс хдмчун шоири китъасаро ё устоди жанри китъа маълуму машхур аст. Пеш аз он ки дар бораи мазмуну мундаричаи гоявии китъаоти шоир маълумот дих,ем, зарур медонем, ки шумо, хонандагони бохушро, бо хусусиятхои жанри китъа ошно бисозем. Жанри китъа хануз дар асрхои IX- X дар адабиёти точику форс пайдо шуда буд. Намунахои онро

152

Page 153: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

дар осори устод Рудакй, Абушакури Балхй, Кисоии Марвазй ва дигар хамасрони устод Рудакй метавон пайдо кард. К^тъа дар «Лугати истилохоти адабиётшииосй» ба тарики зайл маънидод карда шудааст: «К,итъа (ар. - пораи чизе) яке аз намудхои назми классикист. К^итъа аз чихати шакл ба газал ва касида наздик аст, аммо матлаъ надорад, яъне кофиябандии он ба ин тарз аст: аб, вб, гб, дб ...».

Акнун барои фахмо шудани мазмуни боло аз эчодиёти Ибни Ямин як мисол меорем:

1. Ба тамсил Ибни Ямин гуф т ааст ,----аКунад арза бо шоуи фармонраво.-----б2 . Хунарманд монанди бозе бувад ,---- вКи уро ба дом оварй аз у а в о .----б3. Ба таълими сайдаш машав ранца уец, ------гКи нек орад он санъат у худ ба цо. ------б4. Хамин бас ки он бози бегонаро ------дКуни бо худ аз роуи лутф о ш н о . -----б

К^итъа мазмунхои гуногунро дар бар мегирад. Мавзуъхои асосии китъа панду ахлок, мазаммати шохону хокимони золиму зулмпарвар, ошкор намудани нуксонхои чомеа, инъикос намудани андешахои ичтимой, сиёсй, нишон до дани гаму андух, шодию фарахи кахрамони лирикй ва амсоли ин шуда метавонад.

Ибни Ямин аз тачрибаи рузгор басо панд омухта, ба хулоса омадааст, ки дар чамъият агарчанде, ки инсон хушху, хушгуфтор ва окилу доно бошад хам, мухтарам намешавад, зеро молу сарват надорад, камбизоат аст, агарчи Синоро бошад. Таваччух намоед:

Марди озода дар миёни гурух;,Гарчи хушхую оцилу доност,М уутарам он гауе тавонад буд,Ки аз эшон ба молаш истигност.В-он ки муутоци «уалк,» шуд, хор аст,Гарчи дар илм Буалй Синост.

Ибни Ямини Фарюмадй дар китъахои «Фарзанд нури дидаи ман», «Х,ар кй бандад камар ба хизмати халк», «Фарзанди хунарманди ман», «Фалаки озчу» ва гайра ба масъалахои

153

Page 154: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

мухими рузгори хеш даст зада, муносибаташро иброз медорад.Шоир дар к,итъаи «Хар кй бандад камар ба хизмати халк»

ахли чоху мансабро ба адлу дод, ба накукорй хидоят мекунад, то ки онон гамгусори раият ва ахли хунар бошанд:

Набувад меутарй ба рузу ба шаб Бодаи хушгувор нушидан,Ё таоми лазизро хурдан,Ё либоси латиф пушидан.Ё бад-он кас, ки зердаст бувад,Хар замон бе сабаб хурушидан.Ман бигуям, ки мех,тарй чй бувад,Гар бихоуй зи ман ниюшидан:Хамагонро зи гам рах,онидан,Дар раоёти халк, кушидан.

Ибни Ямин шахси покахлок, покрузгор ва бетамаъ буд. Назди пасфитратон харгиз сари ниёз хам намекард ва дар баробари ин аз дигарон низ хамин хислати начибро талаб мекунад. Таваччух намоед:

1 -Хар балое, ки мешавад воцеъ Дар миёни халоики олам,2. Чун наку бингарй, тамаъ бошад Маншаи он бало зи бешию кам.3. Гар набудй тамаъ, наяфтодй Аз Бщишти барин бурун Одам.4. ХаР кй нациш тамаъ зи лавх,и замир Бистурад, ворах,ад зи ме^нату гам.5. Аз тамаъ дур бош, Ибни Ямин!Гар диле боядат хушу хуррам.

Мазмуни китъаи боло фахмост. Ш оир сабаби хама нокомихо, бадбахтихоро дар тамаъ мебинад. Ибни Ямин барои исботи фикр ривояти аз Бихишт ронда шудани Х,азрати Одамро меорад. Натичаи тамаъ буд, ки Одам ба гуфтаи Худованд гуш накард, нафсаш зурй намуд, гандум хурду аз Бихишт ронда шуд. Барои хамин шоир дар байти панчум ё дар анчоми китъа ба худ хитоб карда мегуяд, ки агар хохй дилат шоду хуррам бошад, аз тамаъ дур бош ва бетамаъ зиндагй намо.

154

Page 155: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Ибни Ямин барои дустй бисёр пайдо кардан таъкид менамояд, ки пеш аз хдма, бояд инсон сифатхои нек дошта бошад:

Мард бояд, ки х,ар куца бошад,Иззати хештан нигах, дорад.Худписандию аблауй накунад,Хар чй кибру манист, бигзорад.Ба тарщ е равад, ки мардумро Сари муйе зи худ наёзорад.Хама касро зи хеш бех; донад,Хец касро х,ак,ир нашморад.Сару зар дар талаб дих;ад он гах,,То магар дусте ба даст орад.

Ибни Ямин дар китъаи «Ба ними чав нахаранд» иттифоку хамдилиро барои аз болои душманони гаддор дастболо шудан шарти асосй медонад:

Д у дуст бо х,ам агар якдиланд дар х,ама х,ол,Хазор таънаи душман ба ними цав нахаранд.В-ар шптифок намоянду азм цазм кунанд,Сазад, ки пардаи афлокиён зи х,ам бидаранд.Бикуги, Ибни Ямин, дусте ба даст овар,Ки душманон суи як тан ба сад кажй нигарданд.

Хулласи калом, Ибни Ямин, чунонки дидем, дар эчодиёташ инсони мехнаткаш, ахли хунарро мадху ситоиш кардааст. У, ки худ марди мехнатдуст буду бо мехнати халол рузгорашро пеш мебурд, аз дигарон низ хаминро талаб мекард. Шоир тамаъкориро бад медид ва дар тули хаёташ ба ин рох нарафт. У марди худшинос ва хакбину халолкор буд. Шоир ба фархангу адаби ниёгон, мардони баору номуси миллат мехру мухаббати бузург дошт, ки гуфтори у нисбати Фирдавсию «Шохнома»-и у далели муътамадест, ки аз худшиносию худогохии Ибни Ямин гувох,й медихад.

155

Page 156: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

СЛ ВОЛУ СУПОРИШ1. Ибни Ямин дар кучо касби илм намудааст?2. Аз харита Сабзаворро ёбед.3. Яминуддин кй буд ва чй хунар дошт?4. Ибни Ямин чаро ба Сарбадорон хамрох шуд?5. Дар бораи Сарбадорон маълумот дихед.6. Чаро онхоро Сарбадор гуфтанд?7. Киссаи горат шудани девони шоирро нагз хонед ва аз руи

он сахначае тартиб дихед.8. Дар поёни рузгораш шоир ба кадом кор машгул шуд?9. Дар девони шоир кадом жанр макоми хоса дорад?10. Шоир дар кадом мавзуъхо бештар газалхояшро эчод

кардааст?11. Чаро мавзуи гарибй дар газалиёти у бештар ба назар

мерасад?12. Дар бораи хуш гузаронидани чавонй Ибни Ямин чй

андеша дорад?13. Ба чй максад адиб оташро ситоиш кардааст?14. Шумо дар бораи чашни Мехргон чй медонед?15. Ибни Ямин дар бораи Абулкосими Ф ирдавсй чй

гуфтааст?16. Китъаро хифз намоед.17. Шинондани сикка чй маъно дорад?18. Оё метавон Ибни Яминро шоири худшинос номид?19. К^итъа чист?20. Дар кадом мавзуъхо китъахои Ибни Ямин эчод шудаанд?

РУЙХА ТИ АДАБИЁТИ ИЛМЙ В А МЕТОДЙ1 С.Имронов. Ибни Ямини Фарюмадй. Душанбе, 1966.2. Гулшани адаб, чилди 2. «Ирфон», Душанбе, 1975.3. Т.Мирзод, К.Хочаев, Ш. Исломов. Методикаи таълими

адабиёти точик. «Маориф», Душанбе, 1991.

156

Page 157: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

УБАЙДИ ЗОКОНЙ (1270-1370)

Низомуддин Убайди Зоконй яке аз симохои барчастаи адабиёти точику форс аст. У аз тараф и мухаккикон ва ховаршиносон дар таърихи адабиёти хазорсолаи точику форс бузургтарин адиби хачвнигор эътироф шудааст. Чун сухан аз хачву мутоиба равад, хамоно пеши назар симои ин адиби фозилу окил, хамабину хамадон пеши назар меояд.

Убайди Зоконй соли 1270 дар дехаи Зоконй вилояти К,азвин (дар кисмати шимоли Эрон) дида ба чахон бикшуд. Номе, ки волидайнаш ба у гузошта буданд, Убайдуллох буд.

Шоир чун ба камол расид, номашро андак ихтисор (Убайд) намуда, онро та^аллуси хеш карор дод ва бо номи Убайди Зоконй маъруфу машхур гардид:

Худой донаду ман донаму ту уам донй,Ки як фулус надорад Убайди Зоконй.

Убайди Зоконй аз авлоди давлатм андон ва сохибмансабон ба дунё омад. Гузаштагонаш сохиби вазорат буданд ва дар дарбори подшохон хамчун вазиру дабирхизмат карда буданд, ки падари нависанда хам аз ин файз андак бархурдор гардида будааст. Бинобар ин Убайд дар ин хонадони бофазлу хирад рут иду камол ёфт, зинахои таълимро нахуст дар зодгох ва пасон дар Казвин тай кард. У илмхои маъмули замонаашро дар назди уламои бузург омухт ва сохибмаърифат гардид. Баъд ба сайру саёхат баромад. Нахуст ба шахри Багдод рафт ва бо ахли адаб ва донишмандони маъруф вохурд, сухбат орост ва боз калбашро аз илму ирфон фурузонтар гардонд. Убайд дар чамъомаду нишастхо бо ахли адаб шеърхояшро кироат мекард. Ва шухраташ боло гирифт. Убайди Зоконй ба Ватан баргашт, уро ба дарбор даъват карданд ва лоики вазифаи волое гардониданд. Дар ин давра рузгораш хуш буду табъи болидае дошт ва аз

157

Page 158: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

зиндагиаш каноатманд буд. Ба хдмин хотир дар шеъри зерин хаёти иурнишоташро ёд карда чунин мегуяд:

Пеш аз ин аз мулк .\ар соле маро,Хурдае аз х,ар каноре омадй.Гах,-гах,е .\ам бода х,озир мешудй,Г ах, надиме ё ныгоре омадй.

Вале чунин рузгори боеаодат дер давом накард. Дасисабозихои дарбори рузгорашро боз нохуш намуданд, ки дар байтхои пасини хамин китъа мегуяд:

Нест дар дастам кунун аз хушку тар,3-он чй вакупе дар каноре омадй.Гайри ман дар хонаам чизе намонд,Хам намондй, гар ба коре омадй.

Убайди Зоконй дар як рубоии дигараш ба нодорй ва каш ш окии хеш иш орат карда, бо сад сузу гудоз вазъи рузгорашро чунин ба калам додааст:

Дар хонаи ман зы неку бад чизе нест.Ч,уз лунгиву пораи намад чизе нест.А з х,ар чй пазанд, нест гайр аз савдо В-аз х,ар чй хуранд, цуз лагад чизе нест.

Убайди Зоконй ба хамаи ин сахтию бадбахтихои рузгор токат карда, пеши ахли чох ва сарватмандон cap хам накард, нафси хешро кушт. Дар ин лахзахои душвори зиндагй у ба ягона хамдами роз - дилаш мурочиат намуда тасаллият медихад, ки гам махур, чон бидеху аз нокасон тамаъ мачуй ва нони тамаъолуда махур, ки он кадри инсонро паст мекунад:

Эй дил, пас аз ин анду^и бех,уда махур,3-ин беш гами будаву нобуда махур.Чон мадеру доди тамаъу х,ирс мадех,,Гам мехуру нони миннатолуда махур.

Убайди Зоконй бо умеди бех шудани рузгор боз озими шахри Багдод мегардад, ки дар ин рузгор Абусаиди Элхонй ( 1316-1335), яке аз авлодони Чингизхон салтанат дошт. Вазири

158

Page 159: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Абусаид Аловуддини Мух,аммад марди фозил буд ва бинобар ин Убайд хам махз умед ба дастгирии у дошт. Бинобар ин Убайди Зоконй асари нигоштаи хеш «Наводир-ул-амсол» - ро ба хамин вазир хамчу тухфа пешкаш менамояд. Вале ба кадри сухани у на вазир расиду на шох. Рузгораш горафт ру ба инкироз овард ва барои гузаронидани зиндагиаш мачбур шуд, ки ба ахли сарват ру биёрад ва карз бигирад. Нависанда карзхои хешро дар сари вакт дода натавонист, балки боз мачбур шуд, ки аз онон карзи дигар бигирад. Убайд махз хамин холати рузгорашро хеле бо дард дар як газалаш ба калам додааст:

Мардум ба айшу шодию ман дар балоы царз,Хар як ба кору бореву ман мубталои царз.Фарзи худову царзи халощ ба гарданам,Оё адои фарз кунам ё адои царз?

Шояд хонанда суол дихад, ки сабаб чй буд, ки Убайди Зоконй ин кадар муфлису кашшок шуд ва ба карзи бешумор гирифтор гардид? Ба ин суол посух додан чандон осон нест. Зеро дар ягон сарчашма ба ин масъалахои рузгори у касе ишорат накардааст. Вале сари ин масъала чанд андешаро метавон тахмин кард.

Чуноне ки аз асархои Убайди Зоконй бармеояд, у ба ахли чоху мансаб, намояндагони хукумати замонаш, мисли козию раису муфтй ва хатто надиму вазиру амир бештар назари манфй дошт ва ононро ошкор, бепарда мазаммату накухиш мекард. Хачвхои сахти у калби ононро ба дард овард ва косаи сабрашонро лабрез намуд ва онхо назди шоху вазир ва дигар сохибмансабон арзу шикоят намуданд.

Убайди Зокониро, аз як тараф, карзхохон ва, аз тарафи дигар, таънаю маломатхои ахли дарбор, суханони нешдори ахли чох, шайхону уламои мутаассиб ба чон расонда буданд. Охи сард аз дили пурдард мекашид. У хешро гарибу мусофир медонист, аз ёру диёр худро махруму бенасиб хисоб мекард. Таваччух намоед ба гуфтори шоир:

Манам асири парешон, зи ёри худ мах,рум,Fapu6u шах,ри касон в-аз диёри худ мах;рум.

159

Page 160: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Ба дарду ранц фуру монда в-аз даво навмед,Нишаста дар гаму аз гамгусори худ маурум.Зи ох,и сипа бисузам, агар кашам нафасе Зи сели ии мижаи селбори худ маурум.

Убайди Зоконй чу иттилоъ меёбад, ки Шох, Шучоъ (1359- 1384) дар Форс ба сари кудрат омадааст, боз аз Багдод ба Шероз омад. Чанд сол дар дарбори у хизмат намуд. Соли 1366 Шох Махмуд ба Шероз хучум намуда, Шох Шучоъро шикает дод ва Шох Шучоъ ба Кирмон фирор намуд ва Убайди Зоконй хам ба Кирмон рафт. Вале пас аз чанд мох Шох Шучоъ лашкари гарон ороста, ба Шероз омад ва Шох Махмудро шикает дод ва боз Убайд ба Шероз хамрохи Шох Шучоъ баргашт ва то поёни умраш дар Шероз монд. Мегуянд, ки Убайди Зоконй марди сухбаторо ва базлагу будааст. Дар ин гуфтор наметавон шубха кард, зеро эчодиёти у ва ба хусус латифа ва мутоиботи адиб ба ин гувоханд. Накл аст, ки Убайд пеш аз маргаш ба фарзандон васият намудааст, ки ганчинае дорад ва пас аз марг онро бикшоянд ва дар маросимаш сарф кунанд ва бакияашро байни худ кисмат намоянд. Чун Убайд вафот кард, фарзандон хазинаро кушоданд ва дар он хазина танхо хамин байтро ёфтанд:

Худой донаду ман донаму ту х,ам донй,Ки як фулус надорад Убайди Зоконй.

Х,амин тавр, Убайди Зоконй дар пиронсолй дар Шероз соли 1370 аз дунё гузашт. Сад сол умр дид. Убайд умри хешро ройгон нагузаронид ва аз хеш мероси гаронбахое ба наслхои оянда гузошт.

МЕРОСИ АДАБИИ УБАЙДИ ЗОКОНЙ

Убайди Зоконй хам дар назм ва хам дар наср асархои арзишманд эчод кардааст. Дар «Девон»-и ашъори у жанрхои хурди лирикй: газал, касида, китъа, рубой, тарчеъбанд, таркиббанд ва маснавихои хачман хурд гирд оварда шудаанд. Нисбат ба дигар жанрхо газал бештар аст. Мавзуи газалиёти Убайд гуногун буда, мавзуъхои ишк тавсифи бахору зебоихои он, масъалахои ичтимой, мазаммати шайхони риёкор, козию

160

Page 161: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

дигар ашхоси нолоикро таш кил медиханд. Д ар баъзе газалиёташ, чуиоие ки дар боло дидем, бевосита хаёти шоир инъикос ёфтааст. Адиб дар ин асархо аз факру тангдастии хеш шикоят кардааст, дарду алами хешро ифшо намудааст. Дар газали «Ч,ойи савол нест» Убайд нобаробарии мардумони чомеъа, зулму тааддии истисморгарон ва дигар масъалахои хаёти ичтимоиро инъикос намудааст:

Хосил зи зиндагонии мо цуз вабол нестВ-аз рузгор бах,ра ба гайр аз малол нест.Хуш хотире, ки мансабу цох; орзу накард,Хуррам диле, ки дар талаби мулку мол нест.Аз хони мумсикон маталаб тушаи х,аёт,К-он луцма пеши ах,ли тарщ ат х;алол нест...

Бо вучуди ин хама тангдастй, кашшокй ва махрумиятхои шоир бетамаъ, шикастанафас, каноатпеша будааст. У ба сарватмандон хасад набурдааст, рашк накардааст. Таваччух намоед ба гуфтори адиб:

1. На бар х,ар хону у;оцон мебарам рашк,На бар х,ар миру султон мебарам рашк.2. Надорам чашм бар ганцуру дастур,На бар ганци фаровон мебарам рашк.3. Намеандешам аз Д узах ба як цав,На бар Фирдавсу Ризвон мебарам раш к...

Убайд дар байти сеюм андешаи риндонаи хешро ифшо намуда, таъкид менамояд, ки аз оташу азоби чонкохи Дузах тарсу бим надорам ва гузашта аз ин ба боги Бихишту Фирдавс хам рашк намебарам. Дар девони шоир газалхои ошикона хеле зиёданд. Шоир бо камоли мехру садокат маъшукаи хешро ситоиш менамояд. Дар тавсифи зебоихои ёр аз санъатхои бадей бамаврид истифода бурда, уро ба шахриёру хешро ба бенаво, уро ба хуршеду хешро ба зарра монанд намудааст. Дар ин маврид шоир аз санъати тавсиф, сифатчинй ва тазоду мукобила истифода бурдааст:

Афтода бозам дар cap х,авое,Дил боз дорад майле ба цойе.

161

Page 162: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

У шах,риёре, ман хоксоре,У подшофе, ман бенавое.Абрукамоне, нозукмиёне,Номе^рубоне, шанге\ дагое.2

Убайди Зоконй дар эчоди касида табъи баланд дошта будааст. Бештари касидахои у мадхй буда, ба шохону вазирони замонааш бахшида шудаанд, ки адиб дар тули рузгораш бо онхо сухбат доштаасту хизмати онхоро кардааст. Ахамияти чунин касидахо дар онанд, ки онхо бозгуйи ходисоту вокеоти таърихии он замонанд.

«МУШ ВА ГУРБА»

Ин асар бачагона аст ва худи Убайди Зоконй дар огози достон ба ин маънй гуфтааст:

Цони ман, панд гир аз ин к,исса,Ки имей дар замона шодоно.Гараз аз «Мушу гурба» бархондан Муддао фах,м кун, писарцоно!

Агар ба мазмуни кисса диккат дихем, зохиран содда аст ва ходисаю вокеахои ачоибу гароибро хикоят мекунад ва аз руи чунин хусусият диккати бачагонро беш тар ба худ чалб менамояд. Вале дар ботини он мухим аст. Шоир ба ин масъала ишорат намуда мегуяд:

Агар дорй ту ак,лу донишу х,уш,Биё, бишнав х,адиси «Гурбаву мухи»Бидонам аз бароят достоне,Ки дар маънои он х,айрон бимонй.

Ишораи шоир «дар маънои он хайрон бимонй» масъалахои сиёсй- ичтимоии замони хешро дар назар дорад. Муши маету аласт аз хуми шароб баромада, ба худситой машгул мешавад, ки Гурба уро дида, корашро тамом мекунад. Пасон барои шустани гунох Гурба ба масчид меравад ва тавба мекунад ва аз кори хеш пушаймон мешавад. Ин амали Гурба ба мушон маъкул

1. Шанге -2. Дагое -

162

Page 163: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

мегардад ва мегуянд: «Гурба мусулмон шудааст» ва бо дастовезхои шоиста назди Гурбаи фосики хунхор кадам мениханд. Аммо Гурба аз маврид истифода бурда он 5 мушро ба комаш фуру мебарад ва Шохи мушон бо як душворй аз чанголи Гурба хал ос мешавад ва аз точу тахташ бенасиб мегардад. Албатта, ин зохири кисса аст. Ба назари мо, шоир дар симои Г урба шохони мугулро нишон додааст ва дар накши мушон хокимону волиёни тахчойи кишвар дар назар дошта шудаанд. Хамаи онхо барои манфиатхои шахсии худ мубориза мебаранд, раиятро тороч мекунанд ва аз хамин хисоб мачписхои пурдабдаба ороста, кайфу сафо менамоянд. Аммо, аз тарафи дигар, онхо бо Гурба дар катлу горати мардум тифоку якдиланд. Сониян, онхо бо хам ракобат дошта, барои хукмронй ва сиёсати хеш алайхи якдигар мубориза мебаранд. Ана хамин муборизахои табакаи болоии чомеъаро нависанда дар симои Гурба ва Муш чамъбаст намудааст. Агар мушаххастар, аз руи аклу мантик ба ин масъала назар кунем, равшан мегардад, ки дар симои Мушу Г урба рафтору кирдори Шох Махмуд ва Шох Шучоъ ва чангу хунрезихои Муборизиддин ва Абуисхок чамъбаст гардидаанд. Убайди Зоконй ба ин восита нотифокии хокимону волиёни сохибватанро нишон додааст, ки Гурба барин шохи муктадири хунхор хар коре, ки дилаш хохад, дар хакки онхо мекунад. Ва дар симои Гурба шохони Чингиз, авлодони Чингизи хунхор дар назар дошта шудааст. Дар анчоми кисса Гурба занчирхоро аз тан рахо карда, ба по мехезад ва мушону лашкари ононро боз маглуб мегардонад. Ба хамин тарик, чингизиён боз галаба карда, зулму тааддии хешро дар вилоёту тобеоти ин сарзамини бихиштосо давом хоханд дод.

Таъсири киссаи «Мушу Гурба» ба адабиёти пасини мо хеле зиёд аст, масалан, дар нимаи дувуми асри XVI Шайх Бахой дар пайравии «Мушу Гурба»-и Убайди Зоконй киссаи «Мушу Гулба»-и хешро эчод кардааст, ки он асосан бо наср иншо шудааст. Баъзан дар охири хикоёт ва бахсу мунозараи Мушу Г урба порчахои шеърй аз худи муаллиф ва ё аз шоирони бузурги гузашта оварда мешаванд. Ин анъанот дар асри XIX давом ёфта, Мухаммад Хусайни Исфахонй достони «Муш ва Гурба»- ашро эчод мекунад. Асари мазкур бо назму наср омехта иншо шудааст.

163

Page 164: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ТАХ.ЛИЛИ АСАРХОИ НАСРИ И НАВИСАНДА

Мухимтарин асархои насрии Убайди Зоконй инхоянд:1) «Ахлок-ул-ашроф», 2) Рисолаи «Дилкушо», 3) «Сад панд»,

4) «Дах фасл», 5) «Ришнома», 6) «Мактуботи каландарон» ва Faftpa, ки то замони мо омада расидаанд. Акнун шоиста он аст, ки дар бораи мазмуну мухтавои баъзе асархои дар боло ёдшуда маълумоти мухтасар дихем.

«Ахлокулашроф». Маънои асар ахлоки ашрофзодагон ё бузургзодагон аст. Асари мазкур дар соли 1340 иншо гардида, мавзуи он нишон додани рафтору кирдори асилзодагон мебошад. Убайди Зоконй солхои зиёд бо ин табакаи болои чомеа шишту хез, доду гирифт дошт. Аз ин нигох он чизе, ки аз ахлоки онон гуфтааст, хакикати вокеист. Бо камоли боварй метавон гуфт, ки тачрибаи чандинсолаи нависанда дар асар чамъбаст гардидааст.

«АХЛОК-УЛ-АШРОФ» аз хафт боб иборат аст. Нависанда дар кисмати аввал ё мукаддимаи асар дар бораи мохияти асар, бобхои он ва сабаби таълифи он сухан меронад.

Боби аввал дар хикмат, боби дувум дар шучоъат, боби сеюм дар иффат (покдоманй), боби чорум дар адолат, боби панчум дар саховат, боби шашум дар хилм (боодобй) ва вафо, боби хафтум дар хаё, сидк, рахмат ва шафкат омадааст. Нависанда нахуст дойр ба масъалахои асосй андешахояшро баён намуда, баъд аз хаёти бузургони пешин ва хамзамонаш накду хикоёт меорад, ки онхо фикри уро таквият мебахшанд. Барои тасдики фикр танхо овардани як мисолро мо зарур медонем. «Касе шахси гуруснаеро агар сер кардй, ё барахнаеро пушондй, ё дармондаеро даст гирифтй, аз он ор надоштй ва то ба хадде дар ин боб муболига кардандй, ки агар касе ин сират варзидй, мардум уро сано гуфтандй ва катъан уро бад-ин сабаб айб накардандй. Уламо дар тахдияи (таърифу тавсиф) зикри у кутуб (китоб) пардохтандй (иншо карданд) ва шуаро мадхи у гуфтандй». Пас аз баёни ин нависанда аз хаёти бузургону асилзодагони замонааш хикоятеро накл кардааст, ки он мухолифи андешахои боло хает:

«Бузургеро аз акобир, ки дар сарват Коруни замони худ буд, ачал даррасид. Умед аз зиндагонй катъ кард. Ч,игаргушагони

164

Page 165: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

(фарзандони) худро, ки тифлони хонадони карам буданд, хозир кард. Гуфт: « Эй фарзандон! Рузгоре дароз дар касби мол захматхои сафар кашидаам ва халкй худро бо сарпанчаи гуруснагй фишурдам, то ин чанд динор захира кардам. Зинхор аз мухофизати он гофил мабошед ва ба хеч вачх дасти харч бад- он маёзед ва якин донед, ки байт:

Зар азиз офаридааст Худой,Хар ки хораш бикард, хор бишуд.

Агар хар касе бо шумо сухан гуяд, ки падари шуморо дар хоб дидам, каля ва хавло мехохад, зинхор бо макри он фирефта нашавед, ки он ман нагуфта бошам ва мурда чизе нахурад. Агар ман худ низ ба шумо дар хоб намоям ва хамин илтимос кунам, бад-он илтифот набояд кард, ки онро хобхои парешон хонанд. Ман он чй дар зиндагй нахурда бошам, дар мурдагй таманно накунам». Ин бигуфт ва чон ба хазонаи молики дузах супурд».

Рисолаи «Дилкушо». Ин асар мачмуи хикоёту латоифи Убайди Зоконист. Гузашта аз ин, аз байни халк бисёр латифаю мутоибахои халкиро чамъ намуда, ба асараш ворид намудааст.

Мавзуи хикоёту латоифи «Дилкушо» гуногунанд. Дар онхо масъалахои мухталифи рузгори нависанда инъикос ёфтаанд. Дар он вазъи ноорому мазаммати зулму тааддии ахли чох нисбати мардуми бечораю бесарпанох хеле нишонрас тасвир ёфтааст. Мазаммати шоирони хушомадгу, рафтору кирдори риёкорон танкиди воизон , фиребу найранги козиён дар зимни хикоёту латоифи ширину намакин ба калам дода шудаанд. Инчунин дар рисола дар бораи шахсони таърихй наклу ривоят ва латифахо оварда шудаанд, ки як кисми онхо латифахои точикиро ба ёд меоваранд.

Н ависанда дар хикояи «Худо монд» зулму тааддии сохибмансабонро сахт мазаммат кардааст.

«Дехконе дар Исфахон ба дари Хоча Бахоуддини Сохибдевон рафт. У ба Хочасаро гуфт:

- Ба Хоча бигуй, ки Худо берун нишастааст, бо ту коре дорад.

Ба Хоча бигуфт. Ба эхзори у (омадани у) ишорат кард. Чун даромад, пурсид, ки:

-Ту Худойй?!165

Page 166: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Гуфт:-Ope!Гуфт:-Чй гуна?Гуфт:- Х,ол он ки ман пеш деххудо ва богхудо ва хонахудо будам.

Наввоби ту (волии нукарони ту) дех, ва бог ва хона аз ман ба зулм бистуданд, Худо монд».

Нависанда дар бисёр маврид аз хаёти шохони золим хикоят оварда, кору амали онхоро сахт ба зери тозиёнаи танкид гирифтааст. Дар ин мавридхо Убайд андешахояшро аз номи Талхак ва дигар кахрамонони латифахои халкй баён кардааст.

РИСОЛАИ «ДАХ ФАСЛ»

Бо камоли боварй метавон гуфт, ки ин асари хачман хурд дар таърихи адабиёти точику форс беназир аст ва навоварию тозагихои зиёде дорад.

«Дах фасл», ки боз бо номи «Таъкидот» хам ёд мешавад, аз дах фасл иборат аст. Хар фасл дар бораи масъалае бахс мекунад. Бобхои «Дах фасл» ба тарики зайланд:

1 .Дар дунё ва мо фихи (он чй дар вай аст).2. Дар бораи туркон ва асхоби эшон.3. Дар бораи козй а мутаалликоти он.4. Дар бораи машоих ва моятааллик ба вай.5. Дар бораи хочагон ва одоти эшон.6. Дар бораи арбоби пеша ва асхоби муносиб.7. Дар шароб ва мутаалликоти он.8. Дар бораи банг ва лавохики (иловахои) он.9. Дар бораи кадхудой ва мулхикоти он.10. Дар бораи хакикати мардон ва занон.Хамин тавр, нависанда мувофики мазмуни бобхои асар

истилохоти маълуму маш хурро интихоб карда, онхоро мувофики чахонбинй, максади дар пеш гузоштаи худ шарху тавзех додааст. Дуруст аст, ки бисёр истилохоти он тавре, ки хает, шарх наёфтааст. Масалан, истилохи козиро гирем. Козй дар замони пешин мансаб аст, ки имруз онро суд ё додситон мегуянд. Убайди Зоконй бошад «Ал-козй - мех дар гил»

166

Page 167: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

гуфтааст. Ё истилохи вазирро ба тарики зайл додааст: «Ал- Вазир - лаънатй». Албатта, бо ин тарз, бо чунин сабку нигориш додани истилохот максади муайяне дорад. Убайд, ки дар як давраи хаёташ сохибмансаб буд ва бо ахли чох нишасту хез дошт, бо кору амали онон аз наздик ошно буд, хост, ки бо як тарзи хандаовар ва тамасхуромез онхоро хдчву масхара намояд. Гузашта аз ин, Убайди Зоконй мах,з бобхои асарашро мувофики касбу кори эшон кисмат кардааст. Нависанда дар ин асари кутох ва пурмазмун (Дах фасл) бо як хунари шоирона тавонистааст вокеияту хакикати зиндагй, кору рафтору кирдори инсонхои чомеаро ба калам дихад. «Дах фасл» хачман хурд бошад хам, вале мазмуни чандин китобро ба душ дорад. Барои намуна ин чо танхо як фаслро аз назар гузаронида тахлил менамоем. Фасли сеюм, чунонки дар боло арз кардем, ба козй ва наздикони у бахшида шудааст. Бубинед, ки кору амали онон чй хел тахлил ва маънидод карда шудаанд:

1. Ал-козй - он ки хама уро нафрин кунанд.2. Ноиб-ул-козй - он ки имон надорад.3. Ал-наввоб ва ал-вакил- он ки хакро ботил гардонанд.4. Ал-адл - он ки харгиз рост нагуяд.5. Ал-миёнчй - он ки Худо ва халк аз у ризо набошанд.6. Толиб-уз-зар1 - чонишини козй.7. Ал-бихишт - он чй набинанд.8. Ал-халол - он чй нахуранд.9. Чашми козй - зарфе, ки ба хеч чиз пур нашавад.10. Ар-риш ват- корсози бечорагон.11. Ал-хатиб - хар.12. Ал-воиз - он ки бигуяду накунад.13. Ан-надим - хушомадгу.Аз хамин намунаи боло мусаллам аст, ки Убайди Зоконй

марди бебоку нотарсе будааст ва нисбати амалхои ношоистаи козию хатиб ва дигар хаммаслакони онхо суханони тахкиромез гуфта, дар назди хонанда симои хакикии ононро нишон додааст. Дар мавриди нишон додани кору амали онхо аз санъати мачоз, киноя, ташбех, истиора ва гайра бамаврид истифода бурдааст. Ба истилохи аввал таваччух намоед. К^озй шахсест, ки хама уро

Толибуззар- чуяндаи зар

167

Page 168: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

лаънат ва нафрин кунанд. Аммо нависанда ба ин суол посух надодааст, ки чаро хама уро нафрин ё дашному хакорат диханд? Ин амал ё саволро ба худи хонандагон хавола кардааст. Зеро халк медонад, ки козй порахур, хиёнаткору дуруггуст.

Аз хамин сабаб мардум уро бад мебинанд ва нафрин менамояд. Дар чойи дигар (11) нависанда чашми козиро ба зарфе, ки ба хеч чиз пур намешавад, ташбех намудааст. Дар ин маврид хам порахурии козиёни замони хешро сахт ба зери тозиёнаи танкид гирифтааст. Хулосаи Убайд дар бораи козию наздикони у дар чойи дигар (9) баён ёфтааст. У таъкид менамояд, ки Худо аз гунохи чунин ашхос харгиз намегузарад ва фардо рузи киёмат онхо руйи Бихиштро намебинанд ва Дузах чояшон хохад гардид.

Убайди Зоконй рафтору гуфтори воизонро сахт мазаммат намуда, таъкид менамояд, ки ал-воиз касоне хастанд, ки мегуянду амал ба гуфтораш он намекунанд (14). Хамин андешаро Хофизи Шерозй низ гуфтааст. (Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд). Аз ин чихат Хофизи бузургвор андешаи Убайдро боз хам таквият додааст. Ин ба он хотир аст, ки Убайд пеш аз Хофизрузгор дошт. Убайд соли 1270таваллуд ёфтааст ва Хофиз соли 1320, яъне вакте ки Х°физ ба дунё омад, Убайди Зоконй аллакай 50- сола буд. Аз тарчумаи холи Убайд равшан аст, ки у бештари рузгорашро дар Ш ероз гузаронид ва дар бораи Х°физ дар осораш ягон ишорате надорад ва ягон газали ин газалсарои бузургро чавоб нагуфтааст. Аз эчодиёти Х°ФИЗ метавон пай бурд, ки Хоча Хофиз нисбати Убайди Зоконй ихлос ва эхтиром дошта будааст, ки мисоли боло тасдики хамин андешаи мост.

168

Page 169: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

С А ВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Зодгох ва шахрхоеро, ки Убайди Зоконй рафта, илм омухтааст ё зиндагй кардааст (К^азвин, Шероз, Багдод) аз харита ёбед?

2. Чаро ба Шероз нависанда дилбастагии зиёд дошт?3. Сабаби карздор шудану аз карзхохон дар ашъораш ёд

кардани Убайд дар чист?4. Чаро Убайдро бедину чаханнамй гуфтаанд?5. Асархои назмии Убайдро номбар кунед ва шарх дихед.6. Оё Убайд достони ишкй гуфтааст?7. К,иссаи «Мушу Гурба»-ро чй гуна асар метавон гуфт?8. Нависанда дар симои Мушу Гурба кадом табакоти

чомеаро нишон додааст?9. Дар симои Гурба рафтору кирдори шохони Чингиз

инъикос ёфтааст. Шумо ба ин акида розй хастед?10. Чаро Гурба дар анчоми кисса боз аз банд рахо ёфта,

мушонро торумор кард?11. Нависанда бо ин тарз хал кардани кулминатсияи кисса

чй гуфтан мехохад?12. Дар бораи асархои насрии Убайд маълумот дихед.13. Чаро Убайд номи рисолаашро «Ахлок-ул-ашроф»

гузошт?14. М авзуъ ва мундаричаи гоявии хикоёти рисолаи

«Дилкушо»-ро гуед.15. Нависанда нисбати шохони гузашта, аз чумла Султон

Махмуди Газнавй чй гуна муносибат кардааст?16. Мегуянд, ки Убайд аз байни мардум бисёр латифахоро

гирд оварда ба асараш дохил кардааст. Шумо ба ин фикр розй хастед?

17. Рисолаи «Дах фасл» бо кадом хусусиятхои худ аз асархои танкидй фарк мекунад?

18. Убайд чашми козиро ба зарфе монанд кардааст. Муроди Убайд аз ин чист?

19. Чаро Убайд таъкид кардааст, ки козию хамкоронаш харгиз Бихиштро набинанд?

20. Чаро Убайд воизонро танкид намудааст? «Корашон ба

169

Page 170: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

гуфторашон муофик, намеояд» чи маъно дорад? Х,амин маъниро бо мисол шарх дихед.

РУЙХА ТИ АДАБИЁТИ ИЛМ Й В А МЕТОДЙ

1. Дастчамъй, Адабиёти форсу точик дар аерхои XIII-XIV (боби Убайди Зоконй ба калами М. Бакоев тааллук дорад), Душанбе, «Дониш», 1983.

2.Убайди Зоконй, Куллиёти мунтахаб, Душанбе, 1963.3. Туйчй Мирзод, Курбон Хочаев ва Шамсулло Исломов,

Методикаи таълими адабиёти точик, Душанбе, «Маориф», 1991.

170

Page 171: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ХОФИЗИ ШЕРОЗИ(1325-1389)

Бигзор фуру равад ца^оне!Ман бок,й шикасти он надорам.Хо.\ам, ки миёни шодию гам,Худро чу бародарат шуморам.Хофиз, ману ту чу тавъамонем, Хамцисмати рузгори фонй.Гар ,\амдилу дамбами ту бошам,Он аст %аёти шодмонй!

Иох,ан Хёте

Хрфизи Шерозй, ки махз бо хамин ному тахаллус оламгир шудааст, боиси ифтихор ва сарбаландии мардуми Ачам аст. Беш аз шашсад сол осмони фархангу адаби тамаддуни башариро чун хуршеди тобон нуру зиё бахшидааст. Газалхои шурангезу диловезаш ба дардхо дармон, ба чонхо сомон хадя бинмуда, зиндагии инсонхои сайёраро боз хам ширину рангин намудаанд. Аз ин хотир, пеши пояш бузургтарин шахсиятхои дунё сари таъзим фуруд оварданд. Вале хаёти ин марди бузургвор пур аз х,одисоти рангин аст. Бобои Хофиз аз дехаи Кухпоя буд, ки дар охирхои асри XIII аз он чо ба Шероз омад ва ба корхои савдо ва бозаргонй шугл варзид. Падари Хофиз Бахоуддин дар шахри Шероз ба дунё омад. У пас аз хату савод пайдо кардан хамрохи падараш ба тичорат машгул гардид. Ана дар хамин оила соли 1325 дар Шероз Хофиз ба дунё омад. Бахоуддин ба фарзандаш номи падар - Шамсиддин Мухаммадро гузошт. Ба дунё омадани Мухаммад зиндагии ахли оиларо боз хам сурурбахш ва пурнишот гардонд. Шамсиддин Мухаммад аз худ калонтар боз ду бародар дошт. Ба ин муносибат ёру дуст, хешу табор Бахоуддинро табрик мегуфтанд ва оилаашро хушбахт хисоб мекарданд.

Падари Х°ФИЗ чавонмарг гашт. Акнун чойи шодию хурсандиро дар хонаи онхо гаму андух гирифт. Бародарони Хофиз, ки нозпарварду кохил буданд, дар як муддати кутох тамоми дороии хонаводаро ба айшу нуш масраф намуда муфлис

171

Page 172: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

шуданд. Онхо модару Х,офизи хурдсолро партофта, азми сафар карданд. Хофиз бо модараш дар Ш ероз танхо монд. Зиндагияшон нихоят вазнин гашт. Модари бечора мачбур гашт, ки писари хурдсоли худ Х,офизро ба хизмати яке аз давлатмандони махалла супорад. Х,офизи 7-8- сола ба хавлии хучаини худ об мекашонд, хезум мекафонд ва алав мемонд, умуман ба корхои вазнини хочагй ёрй мерасонд. Он порахои нонеро, ки хучаин ба ивази хизматаш ба Хофиз медод, бегох оварда бо модараш тановул мекарданд ва бо ин маром руз мегузаронд. Вале хучаини Хофиз марди чохил, берахму шафкат буд. Бе хеч гунох Х,офизро мезад, азоб медод. Чанд соли хаёти Шамсидцин Мухаммад ба ин холат гузашт. Нихоят, косаи сабри у лабрез гашта, хавлии хучаинро тамоман тарк мекунад ва ба хизмати нонвое медарояд. Албатта, кори нонпазй барои бачаи11-12-сола хеле мушкил буд. Вале Хофиз, ки ба мехнати вазнин одат карца буц, дар ин чо низ аз ухдаи кор ба хубй баромац.

Ба хамин гуна зинцаги пуразоб чандин солу мох гузашт. Хофиз, ки бачаи зирак ва хушманд буд, дар ин муддат пешаи нонвоиро аз худ мекунад ва рафта - рафта зиндагишон каме бехтар мешавад. Ба хамаи ин душворихои зинцагй нигох накарда, у дар дил орзуи хондан ва хату савод пайдо кардан дошт. Бинобар ин хар руз хангоми ба кор рафтан аз назди мактабхона мегузашт ва ба кироати толибилмон ва галогулаи онхо бо шавку завки зиёд менигарист ва чанц цакикае истоца гуш мецод.

Рузе Шамсидцин Мухаммад бо муаллими мактаб вохурд ва максацашро баён карц. Барои хонцан муаллим пул талаб карц. Вале Хофиз пул надошт. Баъд аз чанд руз ин хабар ба гуши нонвой расид. Нонвой, ки марди накукор, покизасиришт буд ва, аз тарафи цигар, Хофизи гапгиру боацабро цуст мецошт, уро ба наздаш чег зада пурсон шуд:

-Ту хондан хостй, Шамсицдин?-Бале,- чавоб цоц писарак.-Фикр кун, писарам, илму маърифат нуру рушноист, лекин

шиками касеро сер намекунац, бехтараш хунар омуз, хунар аз ганч бех!

-Бигзор гурусна бошам хам, мехохам каме хондану

172

Page 173: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

навиштанро ёд гирам, - гуфт Хофиз.Пас аз маслихат онхо ба чунин хулоса омаданд: Шамсиддин

М ухаммад бояд ба мактаб равад. У музди аз нонвой мегирифтагиашро ба се кисмат таксим кунад. Як микдорашро барои модараш, кисми дигарашро ба муаллим ва микдори охирашро ба худаш чудо намояд.

Ба хамин тарик,, донишомузии Хофиз огоз ёфт. Вале барои Хофиз нихоят душвор буд. Ба у лозим меомад, ки хам кор кунаду хам хонад ва мухимаш он аст, ки аз дигар шарикдарсонаш кафо намонад. Дар натичаи кушишу гайрати зиёд у яке аз бехтарин шогирдони мактаб гардид. «Куръон»-ро аз бар намуд ва бо лахну овозимутаассиркунандаонро аз ёд мегуфт. Барои хамин хам баъди се-чор сол омузгорон ва шарикдарсонаш уро Х,офиз гуфта ба забон мегирифтанд. Вале Хофиз ба маънои сураю оятхои ин китоби динй сарфахм намерафт.У бештар киссаю ривоятхои халкй ва махсусан, шунидани достонхои «Шохнома»- и Абулкосим Фирдавсиро дуст медошт ва дар вактхои бекорй ба назди киссахонхо рафта, наклхои онхоро бо шавку завк гуш мекард.

Хофиз, пас аз он ки савод баровард, худаш кам-кам шеър менавишт, вале ба ягон кас нишон намедод. Шарикдарсонаш аз ин кори у хабар меёбанд. Ш амсиддин дар ш еърхои эчодкардааш тахаллуси «Х,офиз»-ро мегузорад. Албатта, шеърхои навмашконаи у дили касеро ба шур намеоварданд ва дорой камбудихои зиёд буданд. У хатто аз дигарон таънаю маломат мешунид. Аммо рухафтода нагашт. Пайваста ашъори шоирони гузашта ва хамзамононашро аз бар намуд, аз онхо санъати суханварй омухт. Баъди ин шеърхои у ранги дигар гирифтанд. Акнун уро хамчун шоир шинохта, дигар мазоху масхара намекарданд. _

Солхо гузаштанд. У мактабро хатм намуд ва ба Мадраса дохил шуд. У дар ин чо хам нучум, хандаса, хисоб, таърих, фалсафа ва каломи бадеъро омухт. Пас аз хатми Мадраса ба у унвони «Хоча»-ро доданд, ки'ин маънои донишманд, олим хаким ва устодро дошт.

Руз аз руз калами Хофиз сайкал меёфт. Шеърхои уро хосу ом аз бар мекарданд. Дар мачлиси шуаро шеър мехонд ва

173

Page 174: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

тахсину офарин мешунид. Шухрати шоирии Хофиз дар Шероз пах,н шуд. Овозаи у ба гуши хокими Шероз Шайх Абуисхок расид ва у Хофизро ба дарбор даъват кард. Азбаски Абуисхок шахси фозилу шоириарвар буд, Хофиз даъвати уро кабул намуд. Хаёти дарбор чандон тул накашид. Амир Муборизиддин ба мамлакат хучум оварда, Шерозро гирифт. Халки бечораро горат кард, Абуисхок ва фарзандони уро катл намуд. Зулму золимй ва катлу горат авч гирифт. М ардуми бечораи бачонрасида намедонистанд, ки чй чора чуянд. Х°ФИЗ низ яке аз онхо буд. Вай хаёти нисбатан хуби гузаштаро ба ёд оварда, аз шуру шари замона ба дод меомад. Ягона махрами розй дили озордидаи у газалхои эчодкардааш буд. Бо хамин дилашро то андозае таскин медод. Дар ин кабил газалхои у оханги яъсу ноумедй хеле пуркувват ба назар мерасад.

Ёрй андар кас намебинем, ёронро чй шуд?Дустй кай охир омад, дустдоронро чй шуд?Оби уайвон пгирагун шуд, Хизри фаррухпай куцост?Хун чакид аз шохи гул, боди бауоронро чй шуд?Шаури ёрон буду хоки меурубонон ин диёр,Меурубонй кай cap омад, шауриёронро чй шуд?

Дар ин хангом подшохй Ирок Султон Хусайн Хофизро ба Багдод таклиф кард ва барои мехрубонии худро нишон додан хадяе низ фиристод. Вале Хофиз ин таклифро рад кард.

Хаёти сиёсй-ичтимоии мамлакат боз хам вазнин мешавад. Писарони амир Муборизиддин Шох Махмуд ва Шох Шучоъ аввал чашмони падари хешро кур мекунанд ва сонй ба катл мерасонанд. Онхо низ дар зулм аз падари худ дастболо шуданд. Мамлакат хароб ва халк ноосуда гашт. Илова бар ин, сафархои харбй ва катлу горати Амир Темур низ ахволи иктисодй ва сиёсии кишварро ба таназзул оварда буд. Хокимон Хофизи хакгуйро бад медиданд. Зиндагии у факирона мегузашт. Хаёти фочиавии оилавй шоирро барвакт пир кард. Аввал писараш вафот мекунад ва баъдтар зайаш. Ин ду ходисаи нохуш ба рузгори минбаъдаи Хофиз таъсири амик расонид. Акнун у бо писари охиринаш Шох Нуъмон танхо монд. Шоир дар ёди зану фарзанди чигарбандаш шабу руз менолид.

174

Page 175: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Хдсудон ва дигар ашхоси нолоик, ба хамаи и» дарду алами Хофиз нигох накарда, уро озор медоданд. Ба кадри у намерасидаид. Бинобар ин Хофиз мачбур шуд, ки ба Язд сафар кунад.

Сухандонию хушхонй намеварзанд дар Шероз,Биё, Хофиз, ки мо худро ба мулки дигар андозем.

Дар Язд шоирро шох кабул намекунад. Баъд аз чанд муддате бо як азобу укубати зиёд ба зодгохаш бармегардад.

Подшохи Дакан ба воситаи Мирзо Фатхуллох ба Хофиз тухфа фиристода, уро ба Хиндустон таклиф мекунад. Аз нодорию тангдастй шоир ин таклифро кабул мекунад ва ба сафар мебарояд. Вале хангоме ки аз бахри Мухдт мегузаштанд, туфони азиме бармехезад. Киштй дар байни мавчхо кариб нобуд мешуд. Нихоят бо як азоб киштиро ба бандар бармегардонанд. Хофиз аз он чо ба Шероз бозмегардад. Бори дувум Махмудшох Хофизро ба Х,инд таклиф мекунад. Вале Хрфиз боз ин таклифро кабул накарда, писараш Шох Нуъмонро, ки майли рафтан дошт, мефиристад.

Писари Хофиз дар Бурхонпур дар рох вафот мекунад. Ин ходисаи нохуш калби дардноки Х°Физро реш кард ва нолахои чонсуз аз дили шоир ба фалак расид.

Гаму'андух пайкари шоирро месухт. Хофиз худ ба худ мегуфт. «Ох, чони азиз, нури чашмонам, ба падари бадбахтат дигар дидани руи ту насиб нагардид. Фарзанди бечораам ба умеди суде ба диёри бегона сафар карду гарибгур шуд».

Марги фарзанди охирин барои Хофиз хеле вазнин афтод. Шероз бо тамоми зебоихояш дар чашми шоир хира, гамхона ва бетароват менамуд. Кунун аз ёру дуст ва хешу акрабои Хофиз ягон кас намонда буд. Аз ин чост, ки ёди бобоёну ачдоди худ карда ба Исфахон сафар намуд.

Хофиз чанд сол дар Исфахон хаёт ба cap мебарад. У боз ба зодгохаш баргашта, поёни умри хешро дар Шероз мегузаронад.

Поёни умри шоир дар факирй ва тангдастй мегузарад. Ба хамин тарик, соли 1389 дар Шероз вафот мекунад. Уро дар наздикии шахри Шероз, яъне Мусалло, дар байни дарахтони

175

Page 176: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

хамешасабз ва гулкой рангоранг дафн намуданд. Имруз хам мавзеи Мусалло ободу зебо буда, зиёратгохи мардумони олам аст. Сайёхони зиёде хар сол ба Шероз омада, макбараи Х,офизро зиёрат мекунанд.

МЕРОСИ АДАБИИ ХОФИЗ

Шамсиддин Мухаммад Хофизи Шерозй пас аз марг ба ояндагон мероси пурарзише бокй гузоштааст. Албатта, бузургии асар, бузургии осор дар микдор нест. У мисли баъзе адибони классик сад - дусад хазор байт нагуфтааст, камтар гуфтааст, вале хубтар гуфтааст. Адиб метавонад бо як асар чахонгир гардад ва ё машхури дунё шавад ва наслхои оянда уро чу пайгамбари сухан бишносанд. Хофиз хамин гуна шоир буд.Аз газал ва танхо аз газал дар тамаддуни башарй кохи бегазанд афрошт. Оре, ин кохи бегазандро пас аз ей соли марги шоир дустй мехрубон, шогирди кадрдонаш Мухаммади Гуландом мураттаб сохта, ба шакли девон даровард. Девон аз 495 газал, 5 касида. 43 рубой 34 китъа, «Сокинома» иборат аст. Микдори абёти девони Хофиз 4650 байтро ташкил медихад.

Хонандагони азиз, шоиста он бошад, ки мову шумо бо чунин бузургонамон ифтихор кунему ифтихор дошта бошем. Аммо ифтихор хануз кам аст. Мо бояд саъй бикунем, ки худшинос бошем, забони худ, халкй худ, Ватани худро эхтиром кунем ва фарзандони фарзонаашро мисли Хоча Х°ФИЗ кадрдонй ва эхтиром намоем.

Акнун бармегардем ба сари мероси адабии Хофиз. Дар бораи мазмуну мухтавои газалиёти шоир андактар таваккуф хохем кард. Алхол бубинем, ки касидаю рубоиёти Хофиз чй мазмуну мухтаво доранд. Шоир дар онхо ба кадом масъалахои зиндагй панча задааст.

Рубоиёти шоир дорой мазмунхои гуногун мебошанд. Пеш аз хама, шоир дар рубоихояш ишки поки инсониро хеле чозибанок васф кардааст:

Он турки париче.^ра, ки цаеди цон дошт,Монанди пари че.\ра зи ман пинуон дошт.

176

Page 177: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Гуфтам: «Далани танги т у гуйи .\ец аст?!»Гуфто, ки: «Аз ин х;ец тамаъ натвон дошт».

Дар рубоии зер Хофиз аз зиндагй бахра бурдан, бо гуландоме нишастан ва аз дасти у чоме гирифтанро сармояи хушй ва рузгори босаодати хеш медонад:

То х,укми цазои осмонй бошад,Кори ту %амеша шодмонй бошад.Гар цоми майе зи дасти ту нуш кунам,Сармояи умри цовидонй бошад.

Хофиз дар баъзе рубоиёташ инсонхои баду бадкирдорро мазаммат намуда, панд медихад, ки аз ин рох баргарданд, ба некон бадию ноодамй накунанд ва мисли деву дад нашаванд, магрур, мутакаббир набошанд ва фурутану хоксор бошанд:

Бо мардуми нек бад намебояд буд,Дар бодия деву дад намебояд буд.Мафтуни маоши худ намебояд шуд,М агрур ба ак;ш худ намебояд буд.

Дар содагию равонй рубоиёти Хоча рубоию дубайтихои халкиро ба хотир меоранд, ки бисёр равон ва фахмою дастрасанд:

Аз халк:Дури зи ману зи ман саломат бодо!Ч,ону дили ман фидои номат бодо!Ман бе ту нафас намекашам дар олам,Бе ман ту нафас кспий, х,аромат бодо!

Аз Х,офиз:Рузе, ки фирок, аз ту дурам созад,Дар .\а'(ри рухи ту носабурам созад.Гар чашм ба руи дигаре боз кунам,Хащ и намаки х,усни ту курам созад.

Аз Хоча Хофиз то замони мо се касида омада расидааст, ки онхо мадхй мебошанд. Дар ин касидахо кору амали Шох Шучоъ гаърифу тавсиф шудаанд. Дар касидаи сеюм вазири Шох Шучоъ- Кавомуддини Мухаммад мадху ситоиш ёфтааст. Касидахои

177

Page 178: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Хоча Х°ФИЗ аз нигохи шаклу сохт, яъне тарзи кофиябандй, матлаъу мактаъ ва риоя шудани кисматхои насиб, ташбиб, таъриф, талаб ва хотима ба касидахои шоирони пешина монанд бошанд хам, аз нигохи мазмун ва мундаричаи гоявй то андозае фарк дошта, бештар ба касидахои Шайх Саъдй монандй доранд. Ин монандй дар чист? Ин монандй дар он зохир мегардад, ки Хофиз хам Шох Шучоъ ва Кдвомиддини Мухаммадро ситоиш карда бошад хам, онхоро ба адлу дод, ба фукаропарварй даъват кардааст. Албатта, дар гузориши ин масъала ба дарачаи Саъдй нарасида бошад хам, ба хар хол иззати нафс ва кудрати хешро дар назди шоху вазир нигох дошта тавонистааст.

МАЗМУН ВА МАВЗУОТИ ГАЗАЛИЁТИ ХОФИЗ

Чуноне ки мебинем, Хофиз шоири газалсаро мебошад ва ин шакли шеърй дар эчодиёти у макоми арзанда дорад. Бе\тарин афкори иешкадами у низ дар газалиёташ инъикос ёфтаанд. Ба хамин маънй ишорат карда худи Хофиз чунин гуфтааст:

Газал гуфтию дур суфтй, биё'ву хуш биуон, Хофиз,Ки бар назми ту афшонад фалак икди Сурайёро.

Хофиз дар сурудани газал асосан пайрави шоирони бузурги гузашта Саъдй, Хочуи Кирмонй аст. Вале у аз устодони худ пеш гузашта, шакли газалро ба дарачаи олй расонидааст.

Базалхои у хачман хурд, яъне аз 5 то 10 байт буда, бештари онхо аз чихати сохти устухонбандй аз газалиёти шоирони пешин тафовут доранд. Як хусусияти газалиёти у дар он аст, ки бештар радиф доранд, ки радиф барои равшану возех ифода ёфтани мундаричаи гоявии онхо ёрии калон мерасонад.

Дигар, газалиёти у аз чихати сохт ду навъ шакл гирифтаанд. Аввал, газалхое хастанд, ки аз cap то охир дар як мавзуъ гуфта шудаанд. Дувум, газалхое низ хастанд, ки хар байти онхо мустакил буда, дорой маънохои гуногун мебошанд.

Мавзуи газалиёти шоир гуногун буда, дар онхо умеду орзуи халки мехнаткашу чафодида, ки худ аз байни онхо баромадааст, ба хубй инъикос ёфтааст. Лирикаи Хофиз холату авзои замони пурошуб, зиддиятхои табакахои чамъиятй, муборизаи ахли

178

Page 179: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

илму маърифат барои зиндагии осудахолонаи халкй бечора, ишку мухаббати поки инсонй ва зебоихои табиатро ифода менамояд. Охангхои ичтимой дар лирикаи Хофиз хеле пуркувватанд. Адиб хангоми баёни вазъи ичтимоии замой хамчун марди инсонпарвар, хайрхох, некандеш пеши назар меояд.

Дар байни халк дар бораи шахсиятхои бузурги таърихию фархангй наклу ривоятхои таърихй эчод шудаанд ва имруз хам мавчуданд. Ривояти «Сухбати Хоча Хофиз бо Темури Ланг» дойр ба газали машхури Хофиз:

Агар он турки шерозй ба даст орад дили моро,Ба холи х;индуяш вахтам Са.\шрк;анду Бухороро.

хам аз чумлаи онхост. Албатта, шумо медонед, ки Темур хамчун шохи хунхору мутаассиб ними дунёро гирифт, хазорон мардуми бегунохро катлу горат кард. Аз сари миллионхо сарбозу раияти шахру дехот калламанора сохт. Бахусус, пас аз фатхи Исфахон (1387 с.) аз сари 75 хазор мардум калламанора бунёд кард. Пасон ба Шероз омад. Зайналобуддин - писари Шох Шучоъ, ки пас аз марги падар точи шохй ба cap дошт, аз тарси чон точро бар замин ниходу майли Багдод кард. Зеро медонист, ки ба лашкари хунхори Темур тоб оварда наметавонад. Темур бе ягон душворй, бе ягон харбу зарб Шерозро фатх намуд.

Темур савод дошт ва аз осори бузургони точику форс бархурдор буд. У газалхои Хофизро дар асл хонда, шояд гизои маънавие хам гирифта бошад. Махсусан, хамон газали «Агар он турки шерозй...»-ро хонда, хифз хам карда буд. Чун ба Шероз расид, амр намуд, то сохиби ин газалро ба хузураш биёранд. Оварданд.Гуфт:

-Ман бо зарби шамшер аксари рубъи маскунро мусаххар сохтам (яъне кисми зиёди дунёро гирифтам) ва хазорон чой ва вилоят вайрон кардам, ки Самарканд ва Бухоро, ки ватани ман аст, ободон созам, ту мардак, ба як холи хинду Самарканду Бухороро мефурушй дар ин байт, ки гуфтай:

Агар он турки шерозй ба даст орад дили моро,Ба холи хиндуяш бахшам Самарканду Бухороро.

179

Page 180: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Хоча Х°ФИЗ чунин посух дод:-Эй султони олам, аз ин навъ бахшандагист, ки бад-ин руз

афтодаам, - ва ба чандахои худ ишорат кард».Аз посухи Хоча Темур хайрон бимонд. У аз шоир илтимосу

илтичоро мунтазир буд. Хофиз бошад хашамати уро ба эътибор нагирифт».

Ба назари мо, ривоят хакикати вокеист ва аз руйи аклу хирад хамин тавр хам шуданаш мумкин буд. Дар масъалае, ки чаро шоир аз шамшери шохи хунхор натарсид ва бахшиш напурсид? Ба ин суол метавон чунин посух дод.

Умри Хоча Х°физ ба чойе расида буд. Дигар, нисбати Темури хунхор, ки хазорон хаммилатонашро ба катл расонида буду чй рузхои сахту сангинро ба сари зиндамондагонаш овард, огохй дошт. Аз ин чост, ки дигар зиндагй барояш арзише надошт ва чуноне ки дилаш хост, нотарсона ва бебокона хамонро гуфт. Ин ривоят боз як далели худшиносй ва ватандустии Хочаро собит менамояд.

Акнун бармегардем ба сари ин газали Хоча Хофиз, то бубинем, ки шоир чй гуфтанихое, чй хадафе дорад. Он газал ин аст:

1. Агар он турки шерозй ба даст орад дили моро,Ба холи х,индуяш бахилам Самарканду Бухороро.2. Бидех, сок,й, майи бок,й, ки дар цаннат нахоуй ёфт Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро.3. Фигон, к-ин лулиёни шухи ширинкори шаурошуб Чунон бурданд сабр аз дил, ки туркон хони ягморо.4. Зи иищи нотамоми мо цамоли ёр мустагнист,Ба обу рангу холу хат чй х;оцат руйи зеборо?5. Ман аз он уусни рузафзун, ки Ю суф дошт, донистам, Ки ишк, аз пардаи исмат бурун орад Зулайхоро6. Насиуат гуш кун, 40110, ки аз цон дусттар доранд Чавонони саодатманд панди пири доноро.7. Х^дис аз мутрибу май гуйу розй даур камтар чуй, Ки кас накшуду накшояд ба уикмат ин муамморо.8. Газал гуфтиву дур суфтй, биёву хуш биуон, Хофиз, Ки бар назми ту афшонад фалак ик;ди Сурайёро.

180

Page 181: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Газали мазкур аз хдшт байт (16 мисраъ) иборат буда дар бахри хазачи мусаммани солим суруда шудааст, ки тактеи он ба ин зайл аст:

1 . V - - - I V - - - I V - - - I V - - -2.V---I V---I V-- - I V---Ма-фо-и лун ма фо и лун ма фо и лун / мафои лунМа фо и лун ма фо и лун ма фо и лун ма фо и лун

Газали «Агар он турки шерозй» дорой як мавзуъ нест. Дар он чанд масъала матрах шудааст. Дойр ба матлаи газал (1) дар боло гуфтем, ки он дар мавзуи ишку ошикист ва ошик, яъне кахрамони лирикй ба хотири як нигох, як холи хинду (сиёх)-и маъшукааш ду шахри бузург - Самарканду Бухороро инъом карданист, ки аз ин бахшишхо Темур ба хашму газаб омада будааст.

Байти дуввум хам давоми мантикии байти аввал буда, шоир ба сокй таъкид менамояд, ки май бидех, ки шароит мухаёст. Мо дар канори оби Рукнободу дар гулгашти Мусалло хаймаи шодй задаем ва чунин чойгох, чунин м анзараи зебою мунаккашро хатто дар Ч д н н а т ёфтан наметавонй.

Дар байти сеюм шоир аз паричехрагон бо номи «лулиёни шухи ширинкори шахрошуб» ёд карда, онхоро басо самимй тавсиф намудааст. Гуё чунон ба шавку рагбат, ба шодию фарах омадааст, ки аз чамоли паричехрагон сабру токаташ тамом шудааст. Ва ин ходисаи фарахафзо мисли он аст, ки туркон, мугулон ба сарвату ба давлати мо доранд ва ин дороиро ба ягмо, яъне чун дуздон кашонда бурданд. Ба ин восита Хоча дар ин байт истилогаронро сахт мазаммат намудааст ва адиб дар ин маврид аз санъатхои ташбех, рамзу киноя, тазоду мукобила бамаврид истифода бурдааст.

Дар байти чорум шоир аз номи ошик мегуяд, шарт нест, ёраш хешро зебу зинат бахшад, барои ошик хамон хусну чамолаш кофй аст, ошик аз он мустагнист. Пас, дар байти панчум барои исботи хамин фикр масал мезанад ва хусни табиии Юсуфро мисол меоварад, ки чй хел ин хусну чамол Зулайхоро аз пардаи исмат, яъне аз шарму хаё берун овард ва у

181

Page 182: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ошкоро'ба Юсуф дил бает ва ошкоро ишкашро ба у гуфт ва ин дар байни хосу ом кисса шуд.

Хофиз дар байти VI ба сари максад омада, ба чавонони саодатманд мурочиат намуда мегуяд, ки ман шуморо дуст медорам, шумо ояндаи Ватан мебошед, шумо аз хушихои зиндагй, хануз ки чавон хастед, истифода баред. Зеро инсон дар кушодани сирру асрори масъалахои маргу зиндагй (розй дахр) очиз аст ва хануз розй дахрро касе накушодааст ва кушода хам наметавонад.

Нихоят, Хоча Хофиз дар мактаи газал фикру андешаашро чамъбаст менамояд ва ба худ хитобан мурочиат мекунад, ки «розй дахр» муаммост, онро бигзору газалхои ширинро хону лаззат бар, онхо хушоянд ва нотакроранд ва ба назмат тамоми мардуми сайёра ахеан мегуяду арзандатарин, киматтарин тухфа (икди Сурайё)-ро бароят мебахшад.

Метавон бо камоли боварй, чй аз нигохи мазмун ва чй аз лихози тарзи баён, санъати суханофарй мактаъи хамин газалро бехтарин хусни мактаъ дар адабиёти точику форс донист. Бамаврид аст, ки ба хотири таквияти фикри боло як банд аз мусаммани адиб ва файласуфи бузург Абдурахмони Чрмиро дар ин чо ёд кунем:

Мацому манзилат бодо бщишти цовидон, Хофиз!Хазорон рарматы Хак бод бар он хонадон, Хофиз!Дуогуи гариби туст Цомй дар ца^он, Хофиз«Газал гуфтиву дур суфтй, биёву хуш бих,он, Хофиз!Ки бар назми ту афшонад фалак икди Сурайёро»

«Гам махур». Ин газал хам дар байни хосу ом маълуму машхур аст. Адибони зиёди точику форс ба он назира гуфтаанд. Шумо хуб огох хастед, ки рузгори шоир ноором, катлу горати темуриён хамаи табакахои чомеаро фаро гирифта, мардумро ба дод оварда буд. Агар бо сухани Хоча бигуем «Ки хамчу чашми сурохйзамонахунрезаст». Хофиз низ фарзанди замони худ буд ва хамаи ин шуру шарро бо чашмони худ дид ва охи пурдард аз дили сарди хеш берун овард. У хохони зиндагии хуши инсонхо, хохони сулху салох, хохони саодатмандию пирузии халкй азизи кишвараш буд. Ин хама орзуи шоир буд

182

Page 183: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ва барои сомони ин корхо, ба хотири амалй гардидани орзую омоли хеш чй кор карда метавонист? Х,еч! Дасташ кутох буд. Танхо метавонист дили халкро бо гуфтори ширин, бо панду андарзи намакинаш бардорад, андак таскин дихад, ки рузе мерасаду рузгори шумо хубтару бехтар мегардад. Бинобар ин гами бехуда нахуред, ки фоида надорад. Ана газали «FaM махур» ба хамин мавзуъ бахшида шудааст. Таваччух куиед:

1. Юсуфи гумгашта боз ояд ба Каньон, гам махур, Кулбаи эузон шавад рузе гулистон, гам махур!2. Ин дили гамдида х;олаш бе.\ шавад, дил бад макун, В-ин сари шурида боз ояд ба сомон, гам махур!3. Даври гардун гар ду рузе бар муроди мо нарафт, Доимо яксон намонад х,оли даврон, гам махур!

Дар байти аввал барои ифодаи фикр боз ба санъати талмех ру меорад, боз ёди ходисоту ривоёти асрхои пешин, ки дар «К,уръон» омадаанд, мекунад. Мо дар газали нахуст «Агар он турки шерозй» дар бораи Зулайхо ва ишки у ба Юсуф ибрози назар карда будем. Дар ин газал бошад, Хоча Хофиз аз пахлуи дигари ин ривоят ишора кардааст. Дар «К,уръон» омадааст, ки чун бародарон Юсуфро бо худ бурданд ва аз х,исси бадбинй уро ба чох андохтанд ва ба падар арз доштанд, ки Юсуфро гург хурдааст. Хазрати Яъкуби пайгамбар аз ин хабар дардманд ва дилшикаста мешавад ва окибат дар гами фарзанди чигарбанд Юсуф чашмонаш нобино ва очиз мегарданд ва шабону рузонро ба ёди у мегузаронад. {амии маъниро Хоча дар назар дошта, ба хонандагонаш хотиррасон мекунад, ки гам нахуред, хамон Юсуфи гумгашта боз ба Канъон хохад омад ва ба дидори падараш хохад расид. Д ар мисраи дуюми хамин байт андешаашро боз хам камол дода ёдовар мешавад, ки чун Юсуф ба дидори падар мушарраф гардид, кулбаи гамободи онхо хандон мешавад ва ба гулистон монанд мегардад. Ин гуфтор ишорат ба он маънист, ки кишвари харобу валангори мо рузе обод мегардад ва чун гулистон шукуфон хохад гашт. Бинобар ин сабр бинмою гам махур. Дар байти дуюм хам боз хамин маънй бо ифода, бо сабки дигар тавзех ёфтааст. Масалан, мегуяд, ин дили гамдида, ин сари шурида, иншооллох, бех хохад

183

Page 184: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

шуд, дилатро ором нигох дор, гамгин машав. Нихоят, дар байти сеюм бори дигар таъкид менамояд, ки дунё ба як колаб, ба як маром нахохад монд, рузе мерасад, то ту ба муроди дилат бирасй ва шодию хушрузй насибат бигардад.

Агар амиктар ба гояю мохияти газали «Гам махур» назар андозем, мебинем, ки Хода Хофиз дар зимни он гояи адлу инсоф ва дастболо шудани ин гояи олиро дар зиндагй нишон додаст. Боварй ба ояндаи нек, ба хушбахтию саодатмандии мардуми бесарпанох доштан ва дар дили онхо як шамъеро фурузон гардондан дар ин рузгори сангин ахамияти калон дошт. То андозае шоир тавонист дили онхоро ба зиндагй гарм намояд ва ба ояндаи нек хидояташон кунад.

воизонМавзуи газал кору рафтори намояндагони дини мубини

Ислом аст. Вокеан, дар хар як давру замон буданд ва хастанд ашхосе, ки дини Исломро ба манфиати худ истифода бурданд. Хода Хофиз ба онхо нафрат дошт ва ононро дар баъзе газалиёти худ мавриди накухиш карор додааст ва хамин газали «Воизон» аз чумлаи онхост.

1. Воизон, к-ин чилва дар меуробу минбар мекунанд,Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.2. Мушкиле дорам зи донишманди мачлис боз пурс:Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?3. Ох,- ох, аз дасти саррофони гавуарношинос!Хар замон хармуураро бо дурр баробар мекунанд.4. Субудам аз Арш меомад хуруше, сщл гуфт:«Кудсиён гуйй, ки шеърй Хофиз аз бар мекунанд.»

Хоча Хофиз дар байти нахуст максади асосиашро баён кардааст. У фошофош таъкид менамояд, ки воизон, яъне он ваъзгуёне, ки аз минбар Худою расули бархакки вай, дар бораи ахкоми дин, ваъз мегуянду мусулмононро ба ростию покй хидоят менамоянд, онхо дар амал, дар зиндагии харрузаашон корхое мекунанд, ки хилофи ваъзашон бошад. Хамин тавр, гуфторашон ба кирдорашон баробар нест. Пас, дар байти 2 ба ин масъала амиктар сари андеша меравад. Кдхрамони лирикй

184

Page 185: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

бо як х,исси кунчковй аз донишмандони мачлис, ба уламо суол дода фахмиданист, ки сабаби ин амал, ин рафтори воизон дар чист? Чаро дигаронро ба тавба кардан х,идоят мекунанду худ тавба намекунанд ё тавба камтар мекунанд. Ба ин суол дар газал, албатта, посух нест. Бе посухи онхо худи Хоча аз кирдори онон вокиф аст. Ин тарзи гуфтор санъати тачохули ориф аст, яъне донистану худро ба нодонй андохтан, ки яке аз хусусиятхои ин санъати бадей ба шумор меравад. Хоча Х°ФИЗ ДаР байти сеюм гуё аз бефахмии ин гавхарношиносон, ки ба чунин суолхо посухи вокей дода наметавонанд ва хакикатро аз сухани ботил, яъне хармухраро аз дурру гухар фарк карда наметавонанд, дилаш мондааст ва бо онхо сухбат карданро ш оиста намедонанд. Ба хамин хотир дар мактаи газал боз ба дунёи зебои худ бармегардад. Гуё субхдам аз Арш ба гушаш садои малоик мерасад ва онон шеъри Х °Ф ИЗР° хонда аз ёд мекарданду лаззат мебурданд.

Албатта, чунин фикрхои риндона, мазаммати ошкори намояндагони дини мубини Ислом ба табъи баъзе макомоти расмии рухони созгор набуд. Хатто Шох Шучоъ ба ин гуфтору рафтори Хоча назари нек надошт. Ба хамин хотир борхо оид ба хамин гуфтахо Х°ФИЗР° маломату сарзаниш кардааст. Вале Хофиз шоири озодфикр ва ринди оламсузе буд. Аз гуфтори шоху шайх суфиён нахаросид, боз сахттар, чиддитар симои вокеии ононро дар газалиёташ инъикос намуд. Масалан, яке аз шайхони наздики Шох Шучоъ Имоди Факех махсуб меёфт. Мувофики маълумоти «Хабибуссияр» (муаллифаш Хондамир) ин шайхи бузург гурбае дошт ва у гурбаро чунон омузонда буд, ки вай дар намозгох дар пахлуи сохибаш Имоди Факех дар радаи дигар намозхонон истода мисли одамон гуё намоз мехонад, сарашро ба тарафи чапу рост мегардонд. Хамин тавр, амали мусулмононро такрор мекард. Ин ходиса дар кишвар гулгул андохт ва овоза шуд, ки шайхи бузургвор гурбаро мусулмон кардааст. Ин амали гурбаро яке аз кароматхои Имоди Факех дониста, уро мадху ситоиш мекарданд. Аз ин кор Хоча огох гардид ва амали шайхро написандид. Зиёда аз ин, дар мавриди шайху гурбаи намозхони у газале иншо кард ва сахт мазамматаш намуд:

185

Page 186: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Суфй нщ од дому сари х,ук,к,а боз кард,Бунёди макр бо фалаки хгук,к1абоз кард.Бозии чарх бишканадаш байза дар кулох,,Зеро ки арзи шуъбада бо ах,ли роз кард.Фардо, ки пешгох,и х;ак,щат шавад падид,Шарманда рах,раве, ки амал бо мацоз кард.Эй кабки хушхиром, куцо меравй? Биист!Гарра машав, ки гурбаи зох,ид намоз кард.

Пас аз иншои чунин газалхо рухониён ва шайхони мутаассиб аз пайи озори Хоча шуданд ва саъю талош карданд, ки ба хар роху восита шоирро дар назди шох сиёх кунанд, то ба у чазо бидихдд. Масалан, накл мекунанд, ки баъзе шайхони риёкорвамутаассибонидинваодамони ШохШучоъ Хофизро барои байти зерин:

Гар мусулмонй аз ин х,аст, ки Хофиз дорад,0 .\, агар аз паси имруз бувад фардое! -

кофир эълон карданд. Шоирро хукми катл тахдид мекард. Хофиз дид, ки намешавад, пеш аз байти боло як байти иловагй хамрох кард, ки ин аст:

Ин ,\адисам чй хушомад, ки сах,аргах, мегуфт,Бар дари майкадае бо дафу най тарсое.

Пас, гуяндаи ин фикри «кофирона» на ман, балки тарсое, яъне кофире будааст. Ба хамин восита Х°ФИЗ аз таъкиби мутаассибон то як андозае халос мешавад. Вале минбаъд боз уро барои хамин гуна фикрхои риндонааш озор медоданд. Бинобар ин Х°ФИЗ дар газали «Айби риндон макун...» зохидону шайхонро мазаммат намуда, таъкид менамояд, ки худи шахе медонад, ки у дар кадом рох аст, чй гунох дорад. Шумо ба у кордор нашавед, аз паи кори хеш бошед:

А йби риндон макун, эй зо.\иди покизасиришт!Ки гуно.уи дигаре бар т у нахох,анд навиигт.Ман агар некам, агар бад, ту бирав, худро бош!Хар касе он даравад оцибати кор, ки кишт.

186

Page 187: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Чунонки дар боло дидем, кахрамони лирики гох бо номи Хофиз, ринд, ман, мо ва гохи дигаре бо номи девона, маете, тарсо омада, сухан мегуяд, сухбат менамояд. Бештари фикрхои фалсафй аз номи гурухи дуюм оварда шудаанд, ки ин, албатта, табиист. Зеро ба ашхоси мает, девона, тарсо, гадо, дарвеш ягон хукм бароварда, чазо додан раво нест. Аз ин ру, Х°ФИЗ бештари фикрхои риндонаашро аз номи онхо баён кардааст. Бояд донист,ки {очи {офиз худ муъмини вокеият ва мусулмони собиткарам буд ва касонеро мазаммат мекард, кидар эътикоди худ содик набуда ва риёкорй мекарданд.

«БОДИ НАВРУЗИ»

Хоча Х°ФИЗ ба расму ойин ва урфу одатхои ачдодонамон мехру мухаббати зиёд дошт ва худ низ дар гузариши чашнхои Сада, Мехргон ва бахусус Наврузи Ачам фаъолона иштирок мекард ва иштироки хамзабонон, хаммиллатони хешро ташвику таргиб менамуд. Аз ин хотир дар газалиёташ бештару бештар назар ба дигар адибон ин мавзуъ макоми шоиста дорад. Албатта, ин бесабаб нест. Сабаби ин дар он аст, ки баъзе рухониён, суфиён ва уламои дини мубини ислом чашн ё иди Наврузро гунох медонистанд ва мегуфтанд, ки иди Навруз иди габрон, мачусон ва зиндикиён аст. Бинобар ин набояд, ки онро мусулмонон чашн бигиранд ва дар чунин рузи номуборак хурсандию шодй кунанд. Мутаассифона, пас аз Инкилоби октябр хам ин анъанаи номатлуб идома ёфт. Хизби Коммунист ва рохбарияти Иттиходи Шуравй, ки аз Маскав ба точикон амру фармон медод, нагузошт, то халкй точик, мардуми мо Наврузро ба таври боистаю шоиста чашн гиранд. Коммунистон муътакид буданд, ки Навруз иди динист. Хамин тавр, бо хамин сабабхо то сохибистиклол гардидани Точикистон (с. 1991) ин чашнхои халкй ба таври бояду шояд дар байни точикон тачлил намеёфтанд. Аммо шукронаи озодию истиклол, ки имрузу хар сол мардуми точик ин чашни фархундаро бо шукуху чалол мегузаронад. Хатто ХУкУмати Чумхурии Точикистон ба ин муносибат ду рузи истирохат, (22-23 март) мукаррар намудааст, ки ин аз арчгузорй ва эхтироми рохбари давлат ба халкй точик,

187

Page 188: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ба чашни иурифтихори мардумист.Бояд тазаккур дод, ки иди Навруз, Сада ва Мехргон ба

чаибаи динй надоранд. Ин чашнхо иурарзиштарин мероси ачдодони мост, ин чашнхо аз кадимулайём хамчун чашнхои дехконон аст, ин чашнхо таърихи иайдоиш доранд ва онхо ба фаслхои сол марбутанд. Масалан, Наврузи Ачам дар фасли бахор, Мехргон дар фасли тирамох ва Сада дар огози фасли зимистон тачлил шавад. Х,ар фасл ва хар чаши ба худ хусусиятхои хос ва расму русуми махсуси хешро дороет, ки шумо, хонандагони азиз, ба ин расму оин ошно хастед ва, албатта, ин чашнхо, аз чумла Ч,ашни Навруз дар мактаби шумо бо тантана, бо тамоми оростагй тачлил меёбад ва шумо дар гузаронидани он фаъол хастед.

Акнун бармегардем ба асли максад. Адибони бузурги гузаштаи мо ба ин чашнхои халкй бо назари эхтиром менигаристанд ва мухолифи баъзе рухониёни мутаассиб буданд ва бузургони миллат дар осорашон хубихои ин чашнро мадху ситоиш намудаанд, ки Хоча Х°физи лисонулгайб аз зумраи онон махсуб шуд. Метавон бо камоли боварй гуфт, ки беш аз сад газали адиб дар таърифу тавсиф, дар мадху ситоиши хамин гуна чашнхои халкй эчод шудаанд. Хоча Хофиз бештар дар газалиёташ чашни Н авруз, аруси сол, бахору зебоихои дилошуби онро тараннум кардааст. Ана хамин газал - «Боди наврузй» аз чумлаи онхост:

1. Зи куи ёр меояд насими боди наврузй,Аз ин бод ар мадад хох,й, чароги дил барафрузй.2. Чу гул гар хурдае дорй, Худоро, сарфи ишрат кун,Ки Корунро галапщо дод савдои зарандузй.3. Сухан дар парда мегуям, чу гул аз парда берун ой,Ки беш аз нанц рузе нест уукми мири наврузй.4. Ба бустон рае, ки аз булбул тарщи ишк, гири ёд,Ба мацлис ой, аз Хофиз сухан гуфтан биёмузй.

Газали «Боди наврузй» дар бахри хазачи мусаммани солим суруда шудааст, ки тактеъ ва рукнхои ин бахр ба тарики зайланд:

188

Page 189: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

V — IV — IV — IV -V — IV — I V - - - IV -

Ma -фо-и-лун Ма- фо- и- лун I Ма- фо-и лун I Ма - фо-и-лун

Зи куйи ёр меояд насими боди наврузи,А зин бод ар мадад хох,й чароги дил барафрузй.

Хоча Х°ФИЗ ДаР байти аввал ба хонандагонаш муждаи шодй мерасонад, ки Наврузи Ачам омад. Фасли бахор o f o 3

ёфт, боди наврузй расид, шумо то метавонед аз ин боди хушу Наврузи дилафруз бахра бардоред ва чароги дилатонро фурузон намоед. Фурузон намудани чароги дил маънои шодию хурсандй карданро дорад. Дар байти дуюм шоир таъкид менамояд, ки агар мисли гул чоми ишрат мухайё бошад, ишрат кун ва аз Кррун панд бигир, молу манол, дороию сарватро мисли Корун захира накун, хасис; машав. Худат нуши чон намо ва ба бечорагону дармонда :он бахш. Дар ин маврид барои баён ё матрах намудани матлаби хеш боз ба санъати талмех ру овардааст. Ривоятест, ки К,орун чунон молу сарват доштааст, ки хафт шутур танхо калиди хазинахои уро мекашонанд. Вале у ба дармондагону бечорагон хайру саховат намекард, ба диндорон, ба масочиду мадорис зако г намедод. Бинобар ин, аз кору амали у Худованд дар газаб шуд ва амр дод, то уро бо тамоми хазинаю молу сарваташ замин фуру бурд. Максади Хоча аз ёди ин ривоят тарсондани ахли чоху мансаб, давлатмандону дороён аст, ки дар чунин рузхои ид онхо раияти бечораю мардуми кашшокро фаромуш накунанд ва мисли К,орун нашаванд, то ки онхоро замин фуру набарад.

Дар ин газал байти сеюм бештар бори маънй ба душ дорад. Дар шарху тавзехи ин байт аз асри XV cap карда, то имруз дар байни ахли уламою удабо ва шархнигорон бахсу талош идома дорад.

Сухан дар парда мегуям, чу гул аз нарда берун ой,Ки беш аз панц рузе нест х,укми Мири наврузй.

Дар байти боло «Сухан дар парда мегуям», «Панч руз» ва «Мири наврузй» бештар бори маънй доранд. Ва мохияти

189

Page 190: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

газалро ин иборахо муайян кардаанд. Бештару бештар хдмин калимаю иборахо хонандаро ба андеша меоранд. Дар китоби «Чдвохири калб» Мавлоно Кавкабй дар баробари ташрех ва шархи бисёр абёти душворфахми адибон хамин байтро оварда, онро ба тафсил маънидод кардааст ва дар охир гуфтааст: Ва маъонии дигар он бошад, ки сухани олами гайб дар парда аст: Берун ой ва бубин, ки он оламро чй рангест зебо. Ва баъд мисраи «Ки беш аз панч рузе нест х у к м и Мири наврузй» бори маънй дорад ва муроди шоир аз гуфтани ин байт ба хотири хоианда овардани таърихи Чдшни Наврузй Чдмшед буда. Чдмшед чашни Наврузро панч руз ид мекард ва дар ин панч руз шох аз арки худ фаромада, яке аз одамони зарифгуфторро Мири Навруз интихоб мекунад. Ин Мири Навруз панч руз хукми салтанати аморатро ба ухда мегирад. Ва тамоми давлат панч руз фармони ин Мирро ба чо меорад. Шох дар ин панч руз аз бахри тамоми гуноххо гузашта ва чазо додани касеро дар ин миён раво намебинад. Баъди панч рузи чашн боз шох ба сари тахт меояд ва аморат чун пештара огоз меёбад. Имруз (то асри XV) миёни мардуми кухистони кисматхои чануби Балх, Бохтар ва чанубу шарки Мовароуннахри Хуросон маъмул аст. Мардуми ин сарзамин ин чашнро чун ниёгони хеш панч руз ид мекунанд. Ва як нафарро ба сифати Мири Навруз интихоб мекунанд ва панч руз фармонашро ба чо меоранд.

Бубинед як байт ва хатто як ибораи «Мири наврузй» чй кадар маъно доштааст. Агар хонанда таърихи гузаштагони хешро надонад ва аз расму русуми он огох набошад, дарк кардани чунин газалхо ва умуман ашъори адибони классик басо мушкил мегардад. Аз ин хотир, шоиста он бошад, ки шумо, шогирдони азиз, расму ойин ва суннатхои волои ниёгони хешро омузед ва аз худ намоед.

ТАСВИРИ ТАБИАТ ДАР ГАЗАЛИЁТИ Ш О И Р

Хофиз дар тасвири зебоихои табиат беназир буд. Шоири хаётдуст инсонро даъват мекард, ки аз зебоихои табиат дуруст истифода барад:

190

Page 191: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Расид мужда, ки омад бауору сабза дамид,Вазифа гар бирасад, мусрифаш гул асту набид,Сафири мург бар омад, бати шароб куцост?Фигон фитод ба булбул, нщоби гул кй кашид?Зи руи сокии махваш гуле бичип имруз,Ки гирди орази бустон хати бунафша дамид.

Дар ин газал шоир аз омадани бахор, дамидани сабзаю майсахо, шукуфтани гулхои рангоранг, ба нагма даромадани булбулони хушхон мужда дода, одамонро ба гул чидану буй кардан ва аз ин таровату латофати табиат истифода бурдан даъват кардааст.

Тасвири зебоихои табиат на танхо дар газалиёти Х,офиз макоми арзанда дорад, балки дар таш биб ё тагаззули касидахояш ва дар як катор рубоиёти у ба чашм мерасад. Барои намуна танхо як рубоии шоирро мегирем. Дар ин рубой шукуфтани гул, зебоию таровати он дар омезиши ходисахои табиат, яъне абрнок шудани осмон, боридани борон хеле мохирона ба калам дода шудаанд. Хофиз дар тасвири ин манзара аз санъати тазод мохирона истифода бурдааст.

Шоир боридани боронро ба гиристани абр ва шукуфтани гулхоро ба хандаи он ташбех кардааст. Хатто сарв, ки хамеша аз ростии худ меболад, фахр мекунад, ки бандаи гул шудааст:

Бингар ба чаман цамоли фархундаи гул,Га.\ гиряи абр бину г ах, хандаи гул.Сарв арчи ба озодии худ менозад,Аз росшие, ки дошт, шуд бандаи гул.

Яке аз хусусиятхои мухимтарини каломи Х°физ Дар он аст, ки ба таносуби сухан ахамияти аввалиндарача додаст. Ин хусусият дар хамаи ашъори шоир ба хубй риоя карда шудааст. Махсусан хангоми тасвири табиат бештар ба назар мерасад. Масалан Хофиз дар газали зерин як лахзаи нотакрори субхи содикро шоирона ва хеле дилкашу маргуб ба калам додаст:

Ссщар ба буи гулистон уамешудам дар бог,Ки то ба булбули бедил кунам илоци димог.

191

Page 192: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Ба чеураи гули сурх нигох, мекардам,Ки буд дар шаби тори ба равшанй чу чарог.Кушода наргиси раьно ба .\acpam об зи чаиш,Н щ ода лолаи хумро ба цону дил сад дог.Забон кашида ба тегу ба сарзаниш савсан,Дах,он кушода шацощ чу мардуми айгог.Яке чу бодапарастон сурохй андар даст,Яке чу соции мастон ба каф гирифта аёг.Чунон ба х;уену цавонии хештан магрур,Ки дошт аз дили булбул х;азор гуна фарог.

Анчоми газали боло хонандаро ба хаётдустй ва хуш гузаронидани зиндагй хидоят намудааст.

Нишоту айшу цавонй чу гул ганимат дон,Ки, Хофизо, набувад бар Расул гайри балог.

Х,офиз хангоми баёни фикрхои ичтимой, фалсафй, панду ахлокй ва гайра барои пуробуранг баромадани онхо ва равшану возех гардидаашон аз чузъиёти табиат ва зебоихои он бамаврид ва бо камоли устодй истифода бурдааст. Махсусан, хангоми тараннуми лирикаи ишкии шоир ин омезиш беш тар ва барчастатар ба назар мерасад. Х,офиз ишки поки инсониро бо тамоми нозукихояш ситоиш мекунад.

Гул бе рухи ёр хуш набошад,Бе бода бахор хуш набошад.Тар фи чаману х,авои бустон,Бе лолаузор хуш набошад.Рацсидани сарву х,олати гул,Бе савти х,азор хуш набошад.

Шоир ба хамин хушадой, робитаю хамохангии зебоихои табиати афсунгарро хикоят карда, дар мактаъи газал хамаи он сифатхои номбаркардаро ба дидори ёр, вобаста менамояд:

Богу гулу мул хуш аст, лекин Бе сухбати ёр хуш набошад.

Х,офиз дар тасвири махбуба аз муъчизтарин таъбиру иборахо истифода мебарад. Дар газали зер Хрфиз махбубаи

192

Page 193: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

худро ба олитарин сифатхо ташбех, намуда, бартарии ташбехшавандаро аз ташбехкунанда нишон медихад. Х,ангоми баёни сифатхои ёр аз санъатхои ташбех, истиора, нидо ва тачохули ориф ва гайра бамаврид истифода бурдааст:

Эй бод, насими ёр дорй.3-он нофаи мушкбор дорй.Зищ ор макун дароздастй,Бо турраи у чй кор дорй?Эй гул, ту куцою руи зебош,У мушки тару ту хор дорй!Райх,он, ту куцову хатти сабзаш?У тозаю ту губор дорй!Наргис, ту куцою чашми масташ?У сархушу ту хумор дорй!Рузе бирасй ба васл, Хофиз,Гар тоцати интизор дорй.

Чунонки дар боло арз кардем, Хофиз дар зимни тасвири табиат фикрхои ичтимой, фалсафии хешро низ баён кардааст.

Каломи Хофиз, хдр як байти у ба чавхдри сухан мисли арусони зебо зебу зинат ёфтааст. Санъатхои истифодабурдаи шоир соддаю равон ва ба хонанда дастрасанд. Худи Хофиз ба хдмин маънй ишорат карда чунин мегуяд:

Зи шеъри дилкаши Х°Физ касе шавад огох;,Ки лутфи табъу сухан гуфтани дарй донад.

БАДЕИЁТИ ГАЗАЛИЁТИ ХОФИЗХочаи бузургвор табъи баланду истеъдоди худодод дошт, у

каломи шоиста ва сухани мавзуне биёфарид, ки чахониён пеши назмаш сари таъзим фуруд оварданд. Вале буданду хастанд дар хар давру замон ашхоси тангназар, хасуд, ки онон аз хасудию нотавонбинй ба Хофиз барин нобигагон санги маломат заданд ва хешро пешоханги адибон пиндоштаанд. Хоча хануз ба ин гуна ашхос дар хамон замон чавоби муносиб дода буд:

Хасад чй мебарй, эй сустназм, бар Хофиз?!К,абули хотиру лутфи сухан худодод аст!

193

Page 194: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Мусаллам аст ва то он чое, ки медонем, газалхои Хоча Хофизро асосаи ду чиз машхури дунё намудааст. Нахуст мавзуъхои баланд, гояхои олй, ифшои дарди дили инсонхо, ифода намудани орзую ормонхои начиби кулли башарият, дойр ба масъалахои гуногуни зиндагй. Дуввум бошад бадеиёт, санъати волои сухани ноби шоир аст, ки хар каламкаш дар гуфтани он очиз хохад монд. Яъне дар ашъори Шамсидцин Мухаммад Х°физи Шерозй шаклу мазмун, зохиру ботин бо хам тарозуи цу пахлу баробар ва харду пахлу хамсадо, хамнаво хастанд ва' харду барои тавлиди газалхои човицона сахмгузоранд. Мо дар боло асосан дар бораи мавзую мухтавои газалиёти Хоча бештар таваккуф кардем. Акнун лозим меояд, ки баъзе хусусиятхои бацеии ашъори Х°физро баррасй намоем.

Пеш аз хама, газалиёти шоир равон, содца, ва аз хар гуна такаллуфоти зиёцй ориянц. Хофиз бо зеботарин алфоз барои арусони маъонй иерохане оростааст. Махз тавъам омацани хамин цу чиз сабаби чахонгир шуцани газалиёти Хоча гарцицаанц. Салосату балогат, фасохату зебогуфтории ациб савтиёт ва охангнокии шеърй уро таъмин карцаанд, ки тайи 700 сол хофизону мутрибон газалиёти уро замзама мекунанд. Бе ягон муболига метавон гуфт, ки цар хар як газал, цар хар як байт, цар хар як мисраъ, дар хар як пораи шеърй Хоча Хофиз санъате истифода шудааст ва онхо оростагию перостагии шеърй ацибро таъмин карцаанц. Чанц мисол:

Саволу чавоб:Гуфтам: «Эй султони хубон, раум кун бар ин гариб!» Гуфт: «Дар дунболи pay дил гум кунад мискин гариб!» Гуфтамаш: «Бигзор замоне!» Гуфт: «Маъзурам бидор? Хонапарварде чй тоб орад гами чандин гариб»

Дар ин цу байт гайр аз санъати саволу чавоб боз санъатхои цигари шеърй, аз кабили мачоз, киноя, таносуби сухан, хусни матлаъ низ бамавриц истифоца шудаанд. Вале дар ин пора санъати саволу чавоб дар чои аввал меистад, макоми шоиста дорац.

Санъати ташбех:

194

Page 195: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Килки Хофиз шакарин оби набот аст, бичин!Ки дар ин бог набинй самаре бештар аз ин.

Дар ин байт ширинии шеърашро ба шакар ва мах,сули каламашро ба оби набот ташбех, намудааст. Бог бошад киноя аз осораш, аз газалиёташ мебошад.

Санъати тачниси лафзи он аст, ки дар мисраъе ё байте шоир калимахои монандро истифода мебарад, ки онх,о маънохои гуногун доранд:

Зулф бар бод мадех,, то надих,й барбодам,Ноз бунёд макун, то наканй бунёдам.

Душ огах,й зи ёри сафаркарда дод бод,Ман низ дил ба бод дих;ам, х,ар чй бод - бод.

. ..КиДоро, ки дорой офок, буд.Ба дорандагй дар цах,он ток, буд.

Тачниси маънавйТачниси маънавй он аст, ки як калима ё як ибора ба ду маъно

ояд. Масалан, дар байти зер калимаи ширин ба ду маъно: якум- номи инсон - ках,рамони достони «Хусрав ва Ширин» ва дуввум ба маънои ширин, болаззат мавриди истифода карор ёфтааст:

Гарчи Фарх,одам, ба талхй цон барояд, х,айф нест,Бас х;икояпщои Ширин боз мемонад зи ман.

ШУХРАТИ ЧАХОНИИ ХОФИЗ

Шамсиддин Мухаммад Х°физи Шерозй хднуз дар айёми зиндагиаш дар байни хосу ом ва хурду бузурги Эронзамин ва он кишвархое, ки бо забони точикй-форсй такаллум мекарданд, аз кабили Хуросон, Мовароуннахр, Хиндустон, Осиёи Сагир ном ва макоми шоиста пайдо карда буд. Мах,з дар хамин даврон, дар асри XIV газал^ояш ба забони туркй тарчума ва пах,н гардид. Аз огози асри XV газалх,ои шурангезаш ба кишварх,ои Аврупо бол заданд, ворид гардиданд ва дар калби мардуми ин китъаи бофархднг ва сох,ибтамаддун ошён гузоштанд ва чароги

195

Page 196: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

маърифаташонро боз хам фурузон гардониданд. Оре, халкхои чдхон Х,офизро хамчун марди назарбаланд, хайрхохи бечорагон ва дармондагон, адолатпарвар, ринду хаётдуст шинохтанд. Хофиз аз хамаи рузгор барои онон кутби сухани воло ва маъбади тафаккуру андешаи волою расо гардид. Дар чахони шеъру адаб бемонанд бимонд.

Аз асри XV cap карда, ашъори Хоча ба забонхои англисй, франсавй, олмонй, италиявй, арабй, чехй, булгорй, русй, гурчй, озарбойчонй, хиндй, тоторй ва гайра тарчума ва нашр гардиданд. Таъсири газалиёти шоир дар байни ахли илму адабй ин кишвархо чунон пурзур буд, ки хатто сиёсатмадорони сохибном эътикод ва эхтиром ба Хоча гузошта буданд. Масалан, яке аз бунёдгузорони Хизби коммунистй Ф. Энгелей олмонй чунин мегуяд: «Ашъори ринди бебок Хофизро, ки забонаш басо ширину хушсадост, дар асл ба форей хондан хеле гуворост».

Шоир ва мутафаккири барчастаи Олмон Хёте (1749-1832) яке аз эътикодмандтарин шогирдон ва муътакидони Хоча Хофиз гардид. У чунон шефта ва мухлиси шеъри шоир шуд, ки дар пайравии газалиёти Х°ФИЗ «Девони шаркию гарбй»-ашро офарид. Хёте дар ситоиши Хофиз мегуяд: «Хофиз бузургтарин ва босафотарин шоирест, ки ба зебоихои ин чахон сахт дилбастагй дорад. У аз хар чизе, ки дасту пойи инсонро мебандад, эътироз мекунад, аз вобастагй дурй мечуяд. Барои касе, ки бо у каме ошной пайдо кардааст, Хофиз тамоми умр хамсафару шарики мехрубон хохад монд. Имруз, баъди садсолахо чупону корвониён дар рохпаймоии худ огохона, газалиёти шурангези уро замзама мекунанд. Ва ин ба хотири он нест, ки маънии каломашро фахмидаанд, балки барои он махбуб аст, ки таронахояш хамеша аз сидку сафо ва хакикат башорат медиханд.»

Хёте дар пайравии газалиёти Хоча ба забони олмонй газал гуфт ва ба хамин тарик, дар адабиёти олмон жанри газал арзи вучуд кард. Хёте дар дар газал ба хусусиятхои жанрии он сахт риоя кард. Газалхои Хёте хам матлаъ хам мактаъ доранд, тарзи кофиябандиашон низ як аст.

196

Page 197: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Пасон таъсири газалхои Хрфиз ба адибони рус, аз чумла ба А. Пушкин, А. Фет, И.Чернишевский, А.Толстой ва С. Есенин басо бузург будааст. Масалан, JLH. Толстой менависад, ки яке аз дустони наздикаш А. Фет бисёр вакташро ба тарчумаи ашъори Хофиз сарф мекунад. Аз ин хеле шод мегардад ва бо камоли ифтихор дар як мактубаш ба у мегуяд: «Модоме, ки шумо бе тарчумаи газалхои Х°физ наметавонед зист, Худованд ба шумо барори кор дихад ва мададгоратон бошад».

А сосгузори адабиёти рус А .С .П уш кин ба Хофиз дилбастагии зиёд дошт. Аз газалиёти Хоча завк мебурду хам илхом мегирифт. Вакте, ки Чернишевский дар махбаси Калъаи Брест шеърй Пушкинро дар васфи Хофиз хонд, чашмонаш ашкбор гардид.

Афанасий Фет дар сарсухан ба мачмуаи «Аз Хофиз» махбубият, кудрату тавоноии шеърй Хофизро баён намуда, таъкид менамояд, ки осори у барои тамоми инсоният хизмат мекунад ва барои чахониён баробар тааллук дорад. Яъне у нобига ва шоири умумибашарй будани Хофизро хануз дар хамон давра фахмида, эътироф карда будааст. Ба гуфтори у таваччух кунед: «Аввалан, рухи афкори инсонй кайхо ба он авчи фазову фалак расида, ки мо дар эчодиёти ш оирону андешамандони гарбиамон мушохида кардем, Дар шигифт мемонем ва ба хулосае меоем, ки гулхои атромези шеърй асил сарфи назар аз давру замон ва чойи руидаашон пажмурда нахоханд шуд, руйи хазонро нахоханд дид. Шоир хамон аст, ки парвоз мекунад».

Яке аз шоирони тавонои ибтидои асри ХХ-и рус С. Есенин ба Хоча ва умуман ба адабу фарханги точику форс муътакид будааст ва дилбастагии хосса доштааст. Бештар эътикодмандии ин шоири рус ба Саъдй ва Хофиз будааст. Хатто ба хотири ин ду бузургвор шахри Шероз ва пайваста ба он ахли Ачамро ситоиш ва тавсиф кардааст:

Гарк, аст ба нури моу Шероз,Чушида дар осмон ситора.Ояд бадам аз нщоб, к-онро Пушанд ба руйи моупора.Гарк, аст ба нури м оу Шероз.

197

Page 198: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Шух,рату макоми газалиёти Хоча Х,офиз дар байни хосу оми мардуми Гарб, аз чумла мардуми Русия чунон гул-гул андохт, ки мисли халкхои кишвархои мусулмон аз газалхои шоир фол мекушоданд. Дар ин маънй боз чунин мегуянд:

Фол дидам хешрову ёри зеборо,Фол аз пайванди байни уву худ дидам.Бар тамоми пурсишам аз Хофизи доно Посухи хащониву маъкул бишнидам.

Хамин тавр, дар аксои олам шухрати Хоча хеле васеъ домон густурдааст ва аз ин лихоз, наметавон хамаи он гуфтори бузургонро ин чо ёд кард. Мо бо номи чунин бузургмардон меболему ифтихор дорем ва бояд саъю талош намоем, то дар кору зиндагиамон номбардори бузургони пешин, аз чумла Шамсиддин Мухаммад Хофизи Шерозй бошем. Шоиста он бошад, ки дар анчоми сухан ё дар фасли Хоча Хофиз андешаи худро бо як пора шеъри устод Лоик хусни мактаъ бубахшем:

Решай ман, маншаи ацдоди ман.А ели ман, Эрони ман, бунёдиман.Цони мо чун риштаи дубофтаст,Бофти ман, тору пуди ёди ман.Зимни номи ту ба фардо мебарад Гушаи таърихро авлоди ман.Дар ту мебинам камоли оли хеш,Эй зи салсоли адам х;амзоди ман.

САНЪАТИ ИХ,ОМ ВА ТА КС ИМ

Санъати ихом мураккаб аст. Хар хонанда онро аз байт пайдо карда наметавонад. Шоир дар байти хеш матлабро ба ду маънй баён мекунад ва хонанда нахуст хамон матлаби аввал ва соддаро дарк мекунад, вале максади асосии шоир маънои дуввум ё дур аст. Ба ин восита хонандаро ба рохи дигар бурда метавонад.

Ин ки мегуянд: «Он бештар зи х;усн»?Ёри ман ин дораду он низ х,ам.

198

Page 199: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Дар ин байт калимаи он дорой ду маъност. Нахуст ишорат, чонишин аст ва дувум, ба маънои шахе (дар ин чо ёр)-иситорагарм омадааст.

1. Дй дар миёни зулф бидидам рухи нигор Бар х;айате, ки абр мух,ити к,амар шавад.2. Гуфтам, ки: «Ибтидо кунам аз буса? Гуфт:Не, Бигзор то ки мох, зи ацраб бадар шавад».

Дар байти нахуст Хоча таъкид кардааст, ки дар миёни ду зулф дидор, яъне руи ёрашро дидааст. Агар зохиран назар кунем, абрх,о болои мохро мегиранд ва ин табиист. Аммо муроди шоир маънои аввал дидори ёр аст. Илова ба ин, Хоча боз дар ин маврид аз санъати кинояи мачоз истифода бурдааст. Яъне абр сиёх, аст ва шабохдт ба зулфи ёр дорад, мох, сафед асту киноя аз руи нигор мебошад. Абри сиёху мохи мунир дар ин пора боз тазод шуда омадаанд. Санъати саволу чавоб дар байти дуюм шеърро боз хдм зебою хушохднг кардааст. Ошик аз маъшуки худ буса талаб мекунад, вале маъшук розй нест ва посух медихад, ки бигзор то мох аз зери абр (акраб) барояд.Боз акраб номи бурч хам хает. Ин маънои зохирй ё наздики байт аст. Маънои дур, максади кахрамони лирикй дар он аст, ки агёр бираваду мо ба хам танх,о бимонему ба дидори якдигар бирасем.

САНЪАТИ ТАЗОДУ МУЦОБИЛА:

1. Болобалани ишвагари нацшбози ман Кутох кард циссаи зух;ди дарози ман.2. Дар остони цонон аз осмон бияндеш,К-аз авци сарбаландй афтй ба хоки пасти.3. Хо.\й, ки сахту сусти цах;он бар ту бигзарад,Бигзар зи ах,ди суету сухан^ои сахти хеш.4. Дило, зи х,ацр макун нола, дон, ки дар олам,Гам асту шодию хору гулу нишебу фароз.

Санъати тазод он аст, ки ду чиз, ду ва зиёда ашё аз лихози мазмун ё маънй зидци якдигар гузошта мешаванд. Аз хдмин нигох, дар байти нахуст калимахои баланд бо паст, дар байти

199

Page 200: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

дуввум остон (яъне замин) бо осмон, сарбаландй бо хоки пастй, дар байти сеюм сустй ба сахтй ва нихоят, дар байти чорум ва мисраи дуюм тамоми мисраъ бо санъати тазоду мукобила бунёд ёфтааст, ки зерашон хат кашидаем.

САВОЛВА СУПОРИШ1. Шеърй Хиётеро дар ситоиши Хоча Х°физ хонед ва хифз

намоед.2. Дар огози мавзуъ ё фасл овардани чунин намунахоро

дар адабиётшиноси чй мегуянд?3. Дар бораи давраи кудакии Шамсидцин накд кунед.4. Шамсиддини хурдсол ба чй кор бештар майлу рагбат

цошт?5. Чаро Шамсидцин Мухаммадро Хофиз ва Хоча мегуянд?6. Чаро Хофиз ба Хиндустон нарафт?7. Дар бораи поёни рузгори Хоча Хофиз накл кунед.8. Газалхои Х°физ аз газалхои шоирони гузашта бо кадом

хусусиятхояшон фарк мекунанц?9. Дар бораи вохурии Хофиз бо Темури Ланг чй анцеша

цорец? Оё ривояти наклшуца хакикати вокеист ё бофтаи Давлатшох?

10. Рафтори Хоча Хофиз нисбати шох цуруст буц?11. Дар бораи мероси ацабии Хофиз накл кунец. Аз у то

замони мо чанд газал бокй мондааст?12. Хофиз цар касицахояш кихоро мацх карцааст?13. Рубоиёти Хофиз бо рубоиёти халкй чй хамбастагй ва чй

муносибат цоранц?14. Газали «Воизон»-ро хифз намоец ва гуец, ки чаро

воизонро мазаммат намуцааст?15. Чаро Шох Шучоъ Хофизро бац циц?16. «Гурбаи зохид намозхон шуц». Оё сухани Хофиз кобили

кабул аст?17. Имруз намояндагони дини Ислом Ч,ашни Наврузро чй

гуна ид мекунанц?18. Муносибати Хофиз нисбати Чашни Навруз чй хел аст?

200

Page 201: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

19. Шумо дар мактаб Иди Наврузро чй хел мегузаронед? Кадом суннатхои мардумиро вобаста ба ин чашн медонед?

20. Базали «Боди наврузй»-ро байт ба байт маънидод намоед.

21. «Мири наврузй» кист? Дар бораи расму русуми кадима хикоячае нависед.

22. Х,офиз аз кадом еанъатхои бадей бештар истифода бурдааст?

23. Хофиз дар бораи хунари газалсароии худ чй мегуяд?24. Чаро Хофизро лиеонулгайб мегуянд?25. Шоири олмонй Хиёте дар пайравии Х,офиз кадом

асарашро офарид?26. Шоирони рус дар бораи бузургии Хофиз чй гуфтаанд?27. Чаро С. Есенин ба Хофиз эътикодманд гардидааст? 28.Ч аро Л оик мегуяд:«Чони мо чун риш таи

дубофтаст».Мисраъро шарх дихед.29. Дар бораи шухрати чахонии Шамсиддин Мухаммад

Хофизи Шерозй иншо нависед.

РУЙХАТИ АДАБИЁТИ ИЛМЙ В А МЕТОДЙ:1. Мачмуаи дастачамъии «Чашнномаи Хофиз». Душанбе,

«Дониш», 1971.2. Адабиёти форсу точик дар аерхои XII -XIV, китоби дуюм

(гурухи муаллифон). Душанбе, «Дониш», 1983.3. Туйчй Мирзод. Таълиму тахлили асархои лирикй.

«Маориф», Душанбе, 1992.

201

Page 202: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

КАМОЛИ ХУЧАНДЙ (1321-1401)

Хар байти Камол, албатта, як мазмуни хоси тозаи обнарасида дорад ва у аз дигарон х,ам уамин мазмуни хосро талаб мекунад.

Камол устоди бузурги забон аст. У дар аксар байт ной х у д як ё ду сухани дум аънидорро кор м еф арм ояд, ки бо гирифтани уар кадоми он маънщо мазмуни он байт пурра мебарояд.

Устод Айнй

Мавзеи Валиёнкух чойи босафоест. Он дар атрофи шаркии шахри Табрез, дар домани кух вок,еъ гардидааст. Боготи мардуми дорой шахрнишин дар Валиёнкух домон густурдааст. Эшон дар се фасли сол: бахор, тобистон ва тирамох он чо ба фарогату мехнат вакти кимати хешро масруф медоранд ва бештари сохибони бог аз хосили мевачоти он 6 o f x o рузгори хешро пеш мебаранд ва хамчунон сохиби давлату сарват шудаанд. Инак, рохи мо он чост ва мехохем бо шумо лахзае он чо бошему аз насими рухбахши Валиёнкух лахзае, соате, фоидае бардорем ва андак хузуру халовате намоем.

Аз дарвозаи дутабакаи ороста бо накшунигор вориди бог гардидем. Бешубха, чорбог ба таърифу тавсиф арзанда ва шоиста будааст.

Хиёбони ду тарафи он гулзор. Вале хусну малохати онхо коста, баргхои заъфаронии гулхо болои замин рехта, колинхои пурнакшу нигорро пеши назар оварда ва шукуху шахомати чорбогро хусни тоза бахшидаанд. Аз гулзор андак канортар радаи дарахтони сермева cap ба замин ниходаанд ва гуё мо - мехмононро истикболу пазирой доранд. Чун ба калби чорбог расидем касри бошукухе моро истикбол гирифт. Дар пешгохи каср суффаи бузурге муязан шуда. Аз он поёнтар сархавз бунёд ёфтааст. Гирдогирди онро дарахтони мачнунбед, шамшод, анчир, себу зардолу зеб медоданд. Себхои суп-сурх болои оби мусаффои сархавз чун тифлони шух болои об бозй мекарданд. Аз насими шуху бозии себу анчирхо бинанда халоват ва лаззат

202

Page 203: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

мебурд. Болои суфа чанд нафар мардони солор ва чавонон нишаста. Дар байнашон болотар аз хдма пири хирадманде болои бистар такя зада. Аз ду тарафаш ду чавонмард такя медоранд. Пири дунёдида бо ахли нишаст сухбат дорад. У охиста харф мезанад. Аз афташ, дардманд аст. Бузургон бо камоли эхтиром ва эътикод ба суханони он бузургвор гуш медиханд. Мо ба эшон наздик мешавем

- Азизон, дунё хамин аст, омадем, боз меравем. «Осиёб ба навбат» гуфтаанд. Вале агар инсон дар дил умеду орзуе дошта бошаду ба он нарасида чон ба Х,ак таслим кунад, бисёр кори бад аст, балки дарднок ва аламовар мебошад. Алкисса, ин орзую умедро бо худ ба гур мебарад. Бори нахуст аст, ки банда дарди диламро ба шумо ифшо мекунам, бори аввал аст, ки назди шумо диламро мекушоям. Ин ба он хотир аст, ки шумо пайвандонам, дустонам, шогирдонам бидонед, ки ман чй умеду орзу доштам. Барои ин ту, шогирди мехрубон, Содики Солех, бархезу рафта дафтару давоту калам биёр ва дарди диламро руйи когаз биёр! Шояд ин абёти охирини ман бошад ва зимнан котибии Шумо хам?!

- Ба чашм, Устод! Аммо Шумо ин тавр нагуед. Х,оло бокувват. Сухбат имруз хеле тафсид. Иншооллох, фардо ба по мехезед. Дар гундоштани хосили дарахтон рохбару сарварамон мешавед.

- Акнун бе ман, шумо - пайвандонам, ин корхоро анчомхохед дод.

Рафту тез бозомад ва дар ру ба руйи устод нишаст ва омодаи навиштан гардид.

- Дустони мехрубон! Кайхост, ки ин газалро гуфтаам, вале хануз касе аз он вокиф нест. Онро дар нихонхонаи дил махфуз гузоштаам. Имруз соатам фаро расид, то як пораи диламро пеши шумо гузорам.

Азизонам! Шумо хуб медонед, ки мани бечора дар ин шахри шумо гарибу мусофирам. Гарибй дарди бедармон будааст. Ман бо шумо бошам хам, дилам, он чост дар Ватан, дар Хучанд аст. Акнун, мулло Содик, навис:

Дил мукими куйи цонон асту ман ин цо гариб,Чун кунад бечораи мискин тани т ащ о гариб.

203

Page 204: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,Дар цах,он то чанд гардам бесару бе по гариб?!Чун ту дар гурбат наяфтодй, чй донй х,оли мо?Ме^нати гурбат надонад %ец кас, илло гариб.

Харгиз аз рох,и карам рузе напуреидй, ки чист?Холи зори мустаманди монда дур аз мо гариб?

Чун дар ин даврон намеафтад касе бар х,оли мо,Дар чунин шах,ре ки мебинй, ки афтад бо гариб.Дар гарибй цон ба сахтй меди^ад мискин Камол,Во гарибй, во гарибй, во гарибо, во гариб!

Шоир пас аз ин хомуш монд, аз гуфтор лаб бает. Хозирин низ хомуш буданду аз чашмонашон ашк шашкдтор мерехт. Лах,зах,ои дардомез охиста-ох,иста, вале хеле пурсуз гузаштанд. Камол боз cap боло кард ва бо чашмони фурурафтааш окдлона, хирадмандона ва мустамандона ба ёрону шогирдони бовафояш назар афканда гуфт:

- Шогирдони мехрубон, дустон, шояд шумо ба фак,ири гариб суол дихед, ки чаро дар чавонию миёнсолиятон ба Ватан барнагаштеду имруз ва дар ин лах,зах,о ёди Хучанд мекунеду нолаи пурсуз доред? Ба ин суол посух додан хам душвор асту хдм осон. Ба хдр х,ол, дар ин маврид посух додан айни мудцаост. Бояд шумо аз хдкикати хол огох бошед. Ба ин хотир, таманнои он дорам, то шуморо бо рузгори пешинам андак ошно созам. Киссаи рузгори банда чандон дароз нест, вале басо дарднок аст.

Ман дар шахри бостонии Хучанд, дар лаби руди Сайхун, ки баъдтар онро Сир номиданд, ба дунё омадаам. Дар хамин 40 ба Мадраса дохил шуда, илму дониш омухтам ва аз илмх,ои маъмули замона: илми калом, фикх,, таърих, адабиёт ва гайра бархурдор шудам. Шеъргуиро хеле барвакт cap кардам, он вакт хануз кудак будам. Падарам аз а х д и доро ва аз авлоди сайидих,о буд. Дар Хучанд ва тобеоти он макому манзалат доштанд. Аз ин лих,оз, барои касбу камолоти банда шароит мухайё буд. Пас аз хатми Мадраса бо ичозати волидайн сафари хачро ихтиёр кардам. Он вакт (с. 1356) аз умрам 35 сол гузашта буд. Дар рох, азоби сахт кашидам. Сарбозони горатгари мугул харчи рох,амро

204

Page 205: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ситонданд ва ман бо сад душворй ба Макка расидам. Пас аз зиёрати Каъба ба Табриз - ба хдмин шахри шумо омадам. Табриз шахри озодаю обод буд ва ба ман хуш омад ва ман дар ин но икомат ихтиёр намудам. Мурод доштам, ки андак дами бегам занам. Аз бузургонаш илму адаб омузам, таълим бигирам ва пас ба Ватан баргардам. Сад афсус, ки ин тавр нашуд. Тухтамишхон - яке аз авлодони Чингизи хунхор бо лашкари гарон касди Табриз кард. Ин хокими хунхор нахуст Дарандро, чанде баъдтарТабризро чун тунбоди шум ба калбаш фуру бурд. Бештари шумо ба ин хаводиси пурмочаро шохид будед. Ин марди хунхор аз ин шахри ободон сарвату боигарии зиёдеро ба ягмо бурда, мардумро хонахароб кард. Маро низ бо хохиши бонуи дустдоштааш гулом карда, ба пойтахташ - шахри Сарой бурд. Чор сол он чо бимондам. Аз он бесаводон эхтиром дидам. Барои завчаи Тухтамишхон газал эчод мекардам. Дар базму хурсандихои дарборй газалхои ошиконаи бандаро мутрибон замзама мекарданд. Яке аз газалхои пуршуре, ки ба онон хеле писанд омада буд, чунин матлаъ дошт:

Агар Сарой чунин асту дилбарони Сарой,Биёр бода, ки ман форигам зи уарду сарой!

Дустони азиз, ин шабнишинихою хурсандихо бароям кимате надоштанд, чунки он даргох бароям мотамсароеро мемонд. К,асд кардам, ки аз Сарой гурезам. Шароит хам бароям мухайё гардид. Амир Темури Курагой алайхи Тухтамиш лашкар кашида (с. 1385), Саройро ишгол намуд. Тухтамиш гурезон шуд. Ман хостам, ки аз хамон чо ба Ватан бозгардам, вале ба мурод нарасидам. Одамони Темур дар рох маро дастгир намуданд ва он чй доштам, хамаро ба ягмо бурданд ва бандаро боз ба Сарой оварданд. Ман боз ба Табриз баргаштам ва аз он руз то ин дам бо шумоям, азизонам. Ин аст киссаи рузгори ман. Акнун маро хобонед, монда шудам. Кайхо мехостам, ки ба шумо саргузашти талхамро кисса кунам, вале хеч мавриди муносиб намешуд. Шукри Худой таъоло, ки имруз ба мурод расидам. Аз шумо илтичо мекунам, ки он чй гуфтам, пас аз маргам ба дустон ва хамдиёронам расонед, кисса кунед, ки Камоли гариб ягон лахза бе ёди Ватан, бе ёди Хучанд набуд.

Мувофики хохишаш Камолиддин Масъудро хобонданд. У205

Page 206: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

дигар ran назад, лаб аз гуфтор бубаст, монда шуда буд, чашмонашро пушида, охиста нафас мекашид. Ёрону шогирдони вафодор хомушона ба марди бомаърифату пири тарикат назар мекарданд ва гуё ба у видоъ мегуфтанд. Содики Солех дасту пои сардгаштаи устодро мемолид. Пас ба шайх Начмиддини Табрезй ишорат намуд, бо амри эшон Содики Солех огози тиловати сураи Ёсин кард.

Хамин тавр, баъд аз чанд лахза дили шоири бузург Камоли Хучандй аз задан боз монд, ки ин дар соли 1401 ба вукуъ омада буд.

МЕРОСИ АДАБИИ КАМОЛ

Бо камоли боварй метавон гуфт, ки девони Камол пурра то замони мо омада расидааст, ки он шомили 14 хазор байт мебошад. Эчодиёти шоир дар жанрхои хурди лирикй: газал, рубой, китъа ва касида суруда шудаанд. Дар ин маънй Абдурахмони Ч,омй дар боби хафтуми «Бахористон» чунин мегуяд: «Вай дар латофати сухан ва диккати маънй ба мартабаест, ки беш аз он мутасаввир1 нест». Худи Камол ба хамин маънй ишорат намуда, дар як газалаш мегуяд:

Чу девони Камол афтад ба дастат,Навис аз шеъри у чандон, ки хох;й.Хаёлоти гарибу лутфи уарфаш Агар хох;й, ки дарёби камох,й2.Зи х,ар лафзаш равон магзар, чу хома,Ба х,ар х,арфаш фуру рае чун сиёх;й.

Девони Камол бештар аз газал иборат аст. 95 фоизи шеърхои девонро газал ташкил медихад. Дар девон 977 газал, 101 китъа, 37 рубой, 11 муаммо, 1 мустазод ва 4 касида дохил гардидаанд.

Мусаллам гардид, ки Камол дар сурудани касида чандон майлу хохиш надошт. Сабаби ин дар чист? Ва ин суолро хануз

/ Мутасаввир - кобили дарк, тасаввуршаванда.2 Камо*(й -хакикат, вокеият, хамин тавре, ки хает.

206

Page 207: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Давлатшохи Самаркандй чавоби неку дода: «Шайхро илтифоте ба мадхи мулук... набуда». Бинобар ин, ба ин, ба ин жанр чандон таваччух накард ва пас аз газал ба сурудани китъаот бештар майл намуд. Боз ин фикрро худи шоир таквият медихад:

Дасти султонои намебусад Камол,Нест султонро ба дарвеш э^тиёч.

Камоли Хучандй аз адибони бузурги гузашта хунари шоирй, балогату фасохати каломи бадеиро омухт ва хифз намуд. Шоир пеш и бузургони адаб чун устод Рудакй, Фирдавсию Носири Хусрав, Фаррухию Манучехрй, Саноию Аттори Нишопурй,Ч,алолиддини Балхию (Румй) Амир Хусрав, Саъдии Шерозй сари таъзим фуруд овард. Эчодиёти онон барояш мактаби омузиш. Камол бухусус ба Саъдй ва Хоча Хофиз мухаббати хоса дошт. У дар як газалаш Саъдиро ба Рустами Дастон ташбех намуда, хешро хамоварди тавонояш ба калам додаст:

Гуфтем цавобе на кам аз гуфтаи Саъдй,Балк-ин ду газал хубтар аз якдигар афтод.Ин лоф на дархурди Камол аст, валекин Бо Рустами Дастон бизанад, х;ар кй дарафтод.

Шоир ба бисёр газалиёти Саъдй ва Хофизи Шерозй назира гуфтааст. Ин амали шоиста ду сабаб дорад. Нахуст, шоир ба газале чавоб мегуяд, ки чй аз лихози мазмун ва чй аз лихози шаклу санъати бадей олй бошад. Дигар, шоир ба ин восита ба сохиби газал хусни таваччух ва махбубияти хоса доштани хешро таъкид менамояд. Аз хамин нигох Саъдй ва Х°ФИЗ ба Камол наздик буданд ва ба онхо мехр дошту эшонро кутби газал медонист. Таваччух кунед:

Камол:Биё, coKfi, ки бехи гам ба даери гул барандозем,Мах,е гулгун талаб дорему гул дар согар андозем.

Хофиз:Биё, то гул барафшонему май дар согар андозем, Фалакро сацф бишкофему тарх,и нав дарандозем.

Шоистаи гуфтан аст, ки ин ду шоири бузург на танхо дар сухан, балки дар амал бо хам наздик буданд, гоибона ба хам ихлос ва мехру мухаббат доштанд. Ба воситаи нома аз холу

207

Page 208: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ахволи якдигар огох, мешуданд, газалхои тару тозаи хешро ба воситаи номахо хадяи якдигар мекарданд.

1.Ep гуфт: «Аз гайри мо пушон назар!».Гуфтам: «Ба нагим»,

«В-он гах,е дуздида дар мо менигар».Гуфтам: «Ба чаиш»

2.Гуфт: «Агар ёбй нишони пойи мо бар хоки рох,,Барфишон он 40 ба домануо гууар!»

Гуфтам: «Ба чаиш».3.Гуфт: «Агар cap дар биёбони гамам хоуй ниуод,Таитагонро муж дае аз мо бибар!» Гуфтам: «Ба нагим».4.Гуфт: «Агар гардад лабат хушк аз дами сузони мо,Боз месозаш ну шамъ аз дида тар!»

Гуфтам: «Ба нагим».5. Гуфт: «Агар бар остонам об хоуй зад зи ашк,Хам ба мижгонат бируб он хоки дар».

Гуфтам: «Ба нагим».6. Гуфт: «Агар гардй гиабе аз руи нун моуам чудо,То сауаргоуон ситора мешумар». Гуфтам: «Ба чаиш».7. Гуфт: «Агар дорй хаёли дурри васли мо, Камол,К,аъри ин дарё бипаймо сарбасар». Гуфтам: «Ба чаиш».

Тазкиранигорон, аз чумла Давлатшохи Самаркандй ёд мекунанд, ки чун Хоча Х°физ байти сеюмро хонд, об дар чашмонаш халка зад ва гуфт: «Вокеъан, пояи ин мард бисёр баланд аст».

Оре, газали «Ба чашм» дар фасохату балогат олист. Ба хамин хотир, дар асрхои пасин ин газал дар байни адибон маъруф гашт ва чандин шоирон ба он назира гуфтанд.

МАВЗУИ ГАЗАЛИЁТИ КАМОЛ

Мавзуъхои газалиёти Камол хеле рангинанд: васфи ёри мехрубон, тараннуми ишки поки инсонй ва ирфонй тору пуди бештари ашъори шоирро фаро гирифтаанд. Камол бо камоли махорат симои зохирй ва ботинии махбубаашро доимо зебою дилкаш инъикос менамояд. Кахрамони лирикй (шоир) аз хусни расой худододи маъшукааш шод асту меболад. Барои у дидори

208

Page 209: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ёри мехрубони гандумгуну шакарлаб азиз аст ва аз хама олами мавчудот маъшукааш волотар, болотар, азизтар, зеботару мухташамтар аст. Вак,те ки газали «Ёри гандумгун»-ро мехонем, хуб эхсос менамоем, ки гуё суруди халкиеро мутолиа дорем:

1 . Ёри гандумгуни ман, гу, рун хирмансуз пуш Варна хо.\ад сухт хирман х,ар киро акл асту х;уш.2. Руи гандумгун намуду нони мо як цав фурухт,Аз чй шуд ёр инчунин гандумнамои цавфуруш?

Дар байти аввал кахрамони лирики аз ёри мехрубонаш илтичо мекунад, ки хусну чамоли худододашро, ки хирмансуз аст, нихон кунад, зеро агар ин корро накунад, дилро ва хама тару хушкро месузонад. Дар мисраи дуюм боз хамин маъниро пурра намуда аст, таквият бахшидааст. Дар ин байт шоир аз санъатхои кинояву мачоз истифода бурдааст. Калимахои «хирман» ва «хирмансуз» хамин бори маъниро ба душ доранд. Шоир дар байти дувум натича ё хосили байти аввалро зикр кардааст. Яъне, ин олихаи хусн сухани ошик (кахрамони лирикй)-ро гуш накард, ба инобат нагирифт ва чони ширини уро (ошикро) бо хусну чамоли худ сузонд. Шоир барои таквияти фикраш дар ин маврид ба хотири чозибу ширин баромадани суханаш аз маколу хикмати халкй истифода бурдааст. Дар байни халкй точик маколи «Гандумнамои чавфуруш» серистеъмол аст.

Дар газали «Хуш меояд» шоир доманаи хамин мавзуъро васеътар, фарохтар гирифтааст:

1. Навбах,орон зи гулам буйи ту хуш меояд,Хамаро богу маро руйи ту хуш меояд.2. {амчу наргис наних,ам чаиш ба сарви лаби чуй,Ки маро цомати дилчуйи ту хуш меояд.3. 3-он хама .\алк;а, ки шамшод занад бар сари гул Бандаро халк/iu гесуйи ту хуш меояд.4. Буйи гулзор хуш ояд хама касрову маро,Н ащ ат и хоки сари куйи ту хуш меояд.5. Печи сунбул ба чаман х?Ч намеояд хуш,Пеши руйи ту хами муйи ту хуш меояд.6. Шеваи чаиш чу наргис чй кунад ишеаеу ноз?Шева аз наргиси цодуйи ту хуш меояд.

209

Page 210: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

7. Чспим накшуда ба руйи гул аз он руи Камол,Ки назар бар гули худруйи ту хуш меояд.

Камоли Хучандй дар байти нахуст ёд аз фасли гулу лола ва табиати зебои бахорон мекунад. Гулхои бахорй буйи хуши туро ба машомам меоранд. Агар дигаронро богу буи гулхо мафтун гардонанд, маро дидори зебои ту писанд аст, хуш меояд. Дар байти дувум шоир таъкид менамояд, ки ман мисли наргис назар ба сарви лаби чуй накунам, зеро каду комати сарвмонанди ту хуш аст ва мафтуни он гардидаам. Байти сеюм давоми мантикии байти боло буда, кахрамони лирикй зулфони ёрашро ба халкаи гул монанд кардааст. Яъне санъати ташбехро истифода бурдааст. Вакте ки насими бахорй дар бог мевазад, шамшод cap поён мекунад ва гесуи ёрро навозиш менамояд. Дар ин маврид барои ифодаи фикр шоир санъатхои киноя, таносуби сухан ва мачозро гулчин намудааст. Дар байтхои пасин хамин мавзуъ ва хамин мазмун бо рангхои дигар хеле зебо ба калам дода шудаанд.

Камол дар газалхои ошиконааш дар баробари ситоиш ва тавсифи ёри мехрубон ракибу агёрро мазаммату накухиш кардааст, зеро у дар рохи ба максад расидан, яъне ба дидори маъшук расидан чун садди рох истодааст. Аз ин хотир ошик ба ракиб нафрату адоват дорад ва уро мазаммат менамояд:

Ракиб гуфт: «Ту донй, Камол, кималш ман?» Бигуфтам: «Эй дили сахтат ба гусса арзонй»Туро ба сорили Уммон ба сад дирам бихаранд,Барои лангаркиштй, ки бас гаронцонй.

Дар ин маврид шоир аз санъати саволу чавоб мохирона истифода бурда, муносибати хешро нисбати ракиб иброз доштааст. Камол ракибро марди дилсахт, ва бо лутфи хоси хеш гарончонй (кундфахмй ва безавкии) уро хачв мекунад.

Газали «Ошуби чонй» низ дар мавзуи ишки софи беолоиши инсонй суруда шудааст. Ин газал аз нигохи соддагию равонй таронаи халкиро ба ёд меорад:

I. Ошуби чонй, шухи цах,онй,Беэътицодй, номех;рубонй.

210

Page 211: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

2. Гоуам навози, гоуам гудозй,Гох,е чунинй, гоуе чунонй.3. Аз ту сабурй кардан, нигоро,Натвон, валекин ту мета вони.4. 3-ин сон, ки дорй аз хеш дурам,Гар мирам аз гам, уолам надонй.5. Гуфтам: «Нисорат созам дури ашк?!»Гуфто: «Чй гуям?» Дурр мечаконй».6. Гар аз Камол, эй мунис, малулй,Рафтам зи пешат бурдам фигоне.

«Ошуби чонй» дар асоси се санъати бадей: тавсиф, такрор ва саволу чавоб бунёд ёфтааст. Истифодаи калимахои «ошуби чон», «шухи чахон», «беэътикод», «номехрубон» чун шаддахои марчон ва дурру марворид бамаврид омада, матлаъи газалро рангин, дилнишин ва зебою равон намудаанд.

Дар байти дувум калимаи «гох» чанд бор такрор омада, фасохату балогати шеърро афзун гардонидааст, онро гушнавозу дилнишин намудааст. Дар байтхои сеюму чорум санъати тазод холати ру\й, дунёи ботинии кахрамони лирикй (шоир)-ро нисбати маъшука ифшо кардааст. Боз дар хамин байтхо шоир ба тарзи саволу чавоб холати хеш ва ёри бевафои хешро хеле табий ва шоирона ба калам додааст. Камол дар мактаи газал аз рафтору номехрубонии дилдодаи хеш ошуфтаю малоли хотир шуда мегуяд, ки агар аз ман малоли хотир шуда бошй, ман бо оби чашму бо оху нола аз наздат меравам. Аз ин нигох, газал бо санъати хусни мактаъ чамъбаст гардидааст ва басо самимй ва хушоханг баромадааст.

Дар газал, чуноне ки дар боло ёд кардем, шоир ишки хакикй, ишки зиминии инсонхоро ситудааст. Барои исботи ин фикр Камол дар байти хафтум ишораи хубе дораду мегуяд, ки касд ё мурод аз ин газал тавсиф ва тараннуми сурати зебост. Вале Камол газалхои орифона низ эчод кардааст, ки дар онхо ишки илохй ва саъю талоши ошик дар рохи ба Х,ак расидан инъикос ёфтааст. Масалан, Камол дар газали «Ид шуд» ишки илохиро хеле хуб тараннум намудааст ба матлаи ин газал таваччух намоед:

1. Ид шуд, хоуем дидан мох,, яъне руи дуст,Рузадорон моуи нав бинанду мо абруи дуст.

211

Page 212: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Хамин мазмун дар байтной зер низ ба маврид омадааст.

2. Офтобй ту, мо чу зарра х,ама,Ту бузургию мо х;ак,ир, эй дуст.

3. Рох, паймуд басе дар талаби дуст Камол,Дуст дар хонаву мо гирди чахон гардидем.

4. Худ нест дар миёна дуй аз ягонагй Гар нек бингарй, х,ама бар хеш ошщем.

Камол дар байти дуввум дар зимни калимаи офтоб ишора ба парвардигор дорад. Уро Офтобу хешро зарра ба калам додаст. Шоир аз санъати кинояю истиора (офтоб) ва тазоду мукобила (офтобу зарра) истифода бурдааст. Дар мисраи дуюми байти дуввум бузургу хдкир бо хамдигар тазод шуда омадаанд.

Дар байти сеюм вожаи дуст рамзист ва шоир Худоро дар назар дорад. Яъне гуфтан мехохдд, ки кахрамони лирикй дар талаб ё чуетучуи Оллох аст. Вале пай намебарад ва намедонад, ки дустй у дар хонаи уст яъне дар дили уст ва бехуда саргардон аст. Мисраи дуюм маколи халкй мебошад:

Об дар кузаю мо ташналабон мегардем,Ер дар хонаю мо гирди цах,он мегардем.

Ба хотир меорад, ки адиб басо нодиракорона аз асари мардумй истифода бурдааст.

Дар байти чорум низ хамин мазмуни орифонаро адиб бо тарзи дигар баён намудааст. Ба андешаи Камол инсони комил, бандаи мусулмон бояд бо хдм мехру мухдббат дошта бошанд.

КАМОЛ ХАМЧУН ШОИРИ ХУДШИНОС ВА ВАТАНДУСТ

Мавзуи Ваган ва ватандустй дар адабиёти точику форс таърихи кухан дорад. Бахусус, пас аз сохибистиклол гардидани мардуми мо ва ба сари кудрат омадани сулолаи Сомониён хисси ватандустй ва ифтихор и миллй дар байни мардуми худого х,, ахли калам, арбобони илму фан, хокимону волиёни ачамтабор ва нихоят шохони ин хонадон мисли Исмоили Сомонй бо

212

Page 213: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

фарзандонаш пайдо шуду густариш ёфт. Дар эчодиёти устод Рудакй ин мавзуъ хеле густурдааст. Устод хиштхои аввалинро гузоштаанд. Шеъри «Буи чуй мулиён »-ро намунаи бехтарини ашъори ватандустона метавон донист. Баъдтар ин мавзуъ дар осори Фирдавсй ва Носири Хисрав бисёр амик ва пурдомана матрах гардидааст. Эчодиёт ва рузгори Саъдй ва Хофизи Шерозй аз ин мавзуъ хеле серобанд. Саъдй аз сафархои тулонй боз гашта ба ватан омад. Хофиз хам Шерозро тарк кардан нахост. Оби Рукнободу гулгашти М усаллоро бихишти руизаминй донист. Хамин тавр, ба суоли «ватандуст ва худшинос кист?» - чунин посух бояд дод: Шахее, ки ба забонаш, ба кишвараш, ба зодгохаш, ба хонаю мактабаш мухаббат дорад, аз гузаштааш ифтихор мекунад, арч мегузорад, у ватандусту худшинос аст. Аммо ватандусту худшинос он нест, ки танхо ифтихор кунад ё аз бузургони пешин биболаду халос. Балки он аст, ки барои ободии Ватан, саодати халку диёр саъю талош варзад, мехнат намояд ва сахм бигузорад. Хониши аъло, одобу рафтори хамида, хурмату эхтироми калонсолон ва ба хусус омузгорон низ аз худшиносй ва худогохию ватандустии шумо, шогирдони азиз, сарчашма мегирад, файзу баракат меёбад.

Камоли Хучандй давраи кудакию чавонияшро дар Ватан гузаронид. Ватан уро тарбият кард, ба камол расонд. У аввалин абёти рангинашро дар Ватан, дар Хучанд эчод кард ва баъд барои хач кардан чомаи сафар пушид. Хамон зайле ки аз тарчумаи холаш равшан гардид, Камол пас аз зиёрати Каъба дар шахри Табрез монд ва дигар ба Ватан баргашта натавонист. У хамеша бо Ватан мезист ва хамон газали «Барибй»- ро дар бораи сахтии фирок аз Ватан пеш аз маргаш эчод кард. Алхол ин газалро ба ёд оред, аз ёд хонед ва мазмуни хар байташро шарх дихед.

Базалхои дар мавзуи Ватан ва ватандустй иншокардаи шоир хеле зиёданд. Камол онхоро бо дарду алами беинтихо бо махорати баланд ва хунари воло сурудааст. Шоир, пеш аз хама, аз диёри худ - шахри Хучанд ифтихор мекунад ва бо камоли мехру садокат, бо як хисси пурифтихору болидагй хешро «хучандй» мешуморад:

Бо лутфи табъ мардуми Шероз аз Камол Бовар намекунанд, ки гуям хуцандиям.

213

Page 214: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Чаро мардуми Шероз аз хучандй будани Камол бовар надоранд? Ин ба он хотир аст, ки Шероз ва танхо Шероз шахри шеъру шоирй, чойгохи шоирони бузург мисли Саъдй ва Хрфиз дониста мешуд.

Хоки Хуцандро, ки зи Шероз кам ниуанд,Омад ба рузгори ту обеш руи кор.

Дар ин байт шоир тасдик мекунад, ки бале, пеш то омадани банда сухани мардуми Шероз шояд асос ё вокеият дошта бошад, аммо чун ман сари кор омадам, дигар иддаои мардуми Шероз аз нигохи вокеъият нест.

Мусаллам аст, ки ин шахри бостонию фархангй дар тули мавчудияти худ мисли Камол шоири тавоноро надидааст. Хамин маъниро хануз хафтсад сол пеш худи Камол дарк карда буд:

Гар бицуянд, ба сад к,арн наёбанд Камол,Булбуле чун ту газалхон ба чамануои Хуцанд.

Оре, имруз хам сухани Камол ба чост ва мисли у шоири тавоное ба дунё наомада. Камол дар як газалаш шеърй худро ба кухи Хучанд монанд намудааст. Аз ин нигох ташбехи шоир нав аст ва хеле шоирона омадааст:

Чун кух,и Хуцанд омад ин шеър,Бообу баландному маркам.

Камол то лахзахои охири хаёт ёди Ватан кард ва бо хамин дард зиндагиро падруд гуфт:

Менагардад дилам аз дарди фалак рузе шод,Ба ман ин гуссаи талху гами даврон то кай?Охир, эй бахт, маро рох, ба манзил бирасон,Ки ба цон омадам, ин ранци биёбон то кай?

ё:Меунати гурбату тануоии шаб кушт .маро,Охир, эй шоми гарибй, ба cap ой, чй шавад?

Камоли Хучандй натанхо як шоири бузурги газалсаро буд, балки ориф ва шайхи шинохта ва эътирофгаштаи замони худ

214

Page 215: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

буд. Аз ин нигох, дар рузгораш ва пас аз вафоташ нисбати у дар байни халк наклу ривоятхои зиёде пайдо гардиданд. Дар бораи бузургвории шайх Камол яке аз хамзамонон ва наздикони адиб ривояти ачибе меорад ва ин но накли онро раво медонем. Мавзуи ривоят низ ба мавзуи боло - яъне гарибй, хисси ватанхохиву ватандустии Камол пайванд аст. Азизи Давлатободй дар тафсири «Рухулбаён» чунин нигоштааст:

«Гуянд: Рузе Бисотии шоир шайх Камолиддини Хучандиро дар мачлиси шуаро диду гуфт:

-Аз кучой, аз кучой, эй лаванд?»Шайх фавран чавоб дод:- «Аз Хучандам, аз Хучандам, аз Хучанд!!!»Вале аз одоби вай шайх озурдахотир гашт ва ин харакати

норавои уро хамл ба мастии у намуд ва гуфт- «Лобуд ин шоир мает аст».

Бисотй ин бишнид ва бадехатан гуфт:

Сияучаиш асту мардумкуш, хароби гамзаи у ям,Аз он дар айни х;ушёрй сухан мастона мегуям.

Сипае ба тарики хачв боз у гуфт:

Эй мулх,иди хуцандй, риши бузург дорй,К- аз гояти бузургй дах; риш метавон кард.

Шайх Камол бисёр нохуш шуд ва нафринкунон гуфт: «Аз ин мачлис чон ба саломат набарй!» Аз таъсири нафаси шарифи шайх Камол Бисотй хамон замон чон ба Ч,онофарин супурд».

Камоли Хучандй тамаъчуй ва тамаъгар набуд ва пеши шохону хокимони замона cap фуруд намеовард ва дар хаккашон шеъри мадхй хам намегуфт. Бинобар ин дар сухан гуфтан сохибихтиёр буд. У, чуноне ки дар боло дидем, намояндагони динро сарзаниш ва мазаммат кардааст, зухду риё ва рафторхои нопоки онхоро написандидааст.

Камол, ки ниёз ба шохону хокимон надошт, харгиз пеши онон cap хам накардааст ва хар чй такозои амри дилаш буд, хамонро бебокона гуфта, хешро подшохи вакт медонист:

Камол аз подшах, дорад фарогат,Ба вацти хеш у х,ам подшох, аст.

215

Page 216: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ё:Дасти султонро намебусад Камол,Нест султонро ба дарвеш эх;тиёц.

Хамин гуна андешахои риндона, дар эчодиёти Камол хеле зиёданд. Камол ба зохид ру меорад ва бебокона таъкидаш менамояд, ки агар ту бих,ишт хохй ва бихишт бичуй, бичу! Камол бошад, Валиёнкух хохаду Табрез, зеро дар чорбоги бихиштосои хеш рузгори хуш дорад. Бо дустони чонй дар хамин Валиёнкух будан, сухбат оростан, губори дилро баровардан кайфияте дорад:

А з ту як соат цудой хуш намеояд маро,Бо дигар кас огиной хуш намеояд маро.Гуиям рузе: «Бирав! Султони вацти хеш бош!»Баъди султони гадой хуш намеояд маро.

БАДЕИЁТИ ГАЗАЛИЁТИ КАМОЛ

Базалиёти Камоли Хучандй сахли мумтанеъанд. Суханони боло чунин маъно доранд, ки газалиёти шоир содаю равон ва хамафахманд, вале маънихои баланд доранд. Бештари онхо сурудхои халкй, дубайтию рубойёти мардумиро ба хотир меоваранд. Аз ин чост, ки чй дар асархои пешин ва чй дар рузгори имрузаи мо газалхои Камолро хофизон, мутрибон ба оханг дароварда, замзама мекунанд. «Шашмаком» аз газалиёти Камол моломол аст. Ба хусус дар сурудхои Хрфизи мардуми Боймахмад Ниёзов газалхои шоир хеле хуб садо медиханд. Хатто дар байни мардуми точик газалхои Камол чунон пахн шудаанд, ки боиси пайдо шудани вариантнхо онхо гардидаанд. Масалан, газали мазкурро гирем:

Лаъли цонбахшат зи цон нозуктар аст,Каддат аз сарви равон нозуктар аст.Барги гул чандон, ки дорад нозукй,Хотири булбул аз он нозуктар аст.Гарчи нозук нуктае гуфтй, Камол,3-ин х,икоят он дах,он нозуктар аст.

Хамин газал дар байни мардум хифз шуда, аз дахон ба дахон гузашта хеле тагйир ёфтааст. Аз ин газал халк рубоии тозае эчод кардааст:

216

Page 217: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Ёри ман аз цони ман ширинтар аст,Кадди у аз барги гул нозуктар аст.Барги гул уарчанд дорад нозукй,Хотири ёрам аз он нозуктар аст.

Устод Айнй дар «Ёддоштх,о»-яш бо камоли эхтиром дар бораи хушохангию мавзунию халкиятии газалхои Камоли Хучандй ибрози назар кардааст. Устод ёд мекунад, ки дар асри XIX дар Самарканду Бухоро халки оддй ба газалиёти Камол мехру мухаббати хосса доштанд. Бахусус хофизи бузург ва мардумии он давра {очи Абдулазиз бо камоли махорат газалхои Камоли Хучандиро ба «Шашмаком» дароварда месароид ва мардум аз таассуроти газалхо ва мусикй як чахон халоват мебурданд.

Дар таърихи адабиёти точик шоироне, ки бозии шохмотро мавриди тавсиф карор дода бошанд ва ё аз он ёд карда бошанд, камшуморанд. Аз газалиёти Камол бар меояд, ки у бозии шохмотро хеле хуб медонистааст ва дар мавридхои мувофик машгули шохмотбозй мешудааст. Барои ифодаи фикрхояш маънихои шатранчиро устокоронаю мохирона истифода бурдааст. Ба байти зер таваччух намоед:

Ман ба иштранци гамат цону цах,он хоуам бохт,Он ду рух дидаам, ин бор равон хоуам бохт.

Дар мисраи аввал «шатранчи гамат» бори маънй ба душ дорад. Шоир аз санъатхои мачоз, киноя ва истиора бамаврид истифода бурдааст. «Ш атранчи гамат» ба маънои чойгох, майдони харбу зарб, яъне ба маънои чойи ишку ошикй омадааст. Дар ин тахта ду рухро дидааст ва ошик саъю талош мекунад, ки ба дидори ёр мушарраф шавад. Шоир дар ин чо аз санъати ихом низ истифода бурдааст, яъне максад ба даст овардани руххои шохмот нест, балки ба даст овардани рухи маъшук аст, ба даст даровардани дилдодаашро дар назар дорад. Хамин тавр, мегуяд шоир, дар ин рох то ба мурод нарасам, чон медихаму пас нахохам гашт:

Гуфтам: «Давои дарди диламро хате навис!»Гуфто: «Давот чун бинависам? Давот нест».

217

Page 218: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Дар байти боло ду санъати бадей бисёр шоирона корбаст шудаанд. Нахуст - санъати саволу чавоб бо омадани калимах,ои «гуфгам» ва «гуфто» барои хонанда равшан аст, вале ёфтани тачниси байт андак душвориро пеш меорад. Дар мисраи дуюми байт калимаи «давот» ба ду маънй омадааст. Маънои нахуст сиёхидон аст ва дуввум - дарди дилат бедавост. Яъне табобат надорад, зеро ошикй.

Дар газалиёти Камол зарбулмасалу маколхои халкй, иборахои рехта, ташбехоту тавсифхои тару тоза хеле зиёд истифода шудаанд. Хамаи инхо салосату балогат ва фасохату охангнокии газалхои К ам олро таъмин кардаанд. Ин хусусиятхои газалиёташро худи адиб хис карда, гуфта буд:

Чу ин газал сару пояш дацицу ширин аст,Сазад, ки нагмасароён бад-у кунанд ох,анг.

ЁГар равад мутриб ба базме, хонад абёти Камол,Хар киро цонест, гуяд: «Мутрибо, хуш мера ей!»

С А ВОЛ В А СУПОРИШ1. Лахзахои вопасини рузгори шоирро накл намоед.2. Чаро Камол ба Хучанд баргашта натавонист?3. Тухтамишхон кй буд ва Камолро ба чй максад ба Сарой

бурд?4. Чй ходиса рух дод, ки Камол аз он чо боз ба Табрез боз

гашт?5. Мероси адабии Камолро номбар кунед.6.Чаро касида хеле кам эчод кардааст?7. Дар газалсарой бештар ба кадом шоирони гузашта пайравй

кардааст?8. Хофиз ба кадом газали Камол бахои баланд додаст? Газалро

хифз намоед.9. Мавзуи газалиёти Камолро гуед ва бо мисол фахмонед.10. Дойр ба ишки илохй ё орифона Камол газал гуфтааст? Бо

мисоле ин мавзуъро шарх дихед.11. Базали «Ошуби чонй» аз кадом чихат ба сурудхои мардумй

монанд аст? Газалро хифз намоед.12.Чаро Камолро шоири ватандуст ва худшинос мегуем? Бо

мисолхои мушаххас фикри болоро исбот намоед ва шеърхои

218

Page 219: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ватандуетонаи Камолро х,ифз намоед.13. Чаро Камол Хучандро бо Шероз мукоиса менамояд?

Хадафи шоир аз ин амал дар чист?14. Ба чй максад шоир мегуяд: «Бовар намекунанд, ки гуям

«хучандиям».15. Камол чаро ба Табрез мехру садокат дошт? Ва дар бисёр

газалхояш ин шахри ободонро ситудааст?16. Ба чй хотир Бисотй шоирро тахкир кард? Хамин ходисаро

накл кунед. Шумо ба рух додани чунин ходиса бовар доред?17. Ба чй максад Камол мегуяд: «Дасти султонон намебусад

Камол»?18. Базалиёти Камол аз кадом чихат дар байни мардум вариант

пайдо кардаанд?19. Устод Айнй дар бораи мусикият ё охангнокии газалхои

Камол чй мегуяд?20. Кадом хофизи машхури асри XIX газалхои Камолро

бештар месуруд?21.Аз хофизони имруза кадом сарояндагонро медонед, ки

бештар газалхои Камолро месароянд?22. Кадом санъатхои бадеиро шоир дар газалиёташ бештар

истифода бурдааст?23. Камол дар бораи мутрибону охангсозон чй акида дорад?

Муносибати шоир ба онхо чй гуна аст?

РУЙХАТИ АДАБИЁТИ ИЛМ Й В А МЕТОДЙ1. Б. Гафуров. Точикон, кисми якум. «Ирфон», Душанбе, 1983.2. С.Айнй. Куллиёт, чилди 2, китоби якум. «Ирфон»,

Душанбе, 19633. Камоли Хучандй. Девон, иборат аз ду чилд. «Ирфон»,

Душанбе, 19834.И.С. Брагинский. Очерки из истории таджикской

литературы. Сталинабад, 1956.5. Т.Миров, К. Хочаев, Ш.Исломов, Методикаи таълими

адабиёти точик. «Маориф», Душанбе, 1991.

219

Page 220: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

АДАБИЁТИ АСРИ XV ВА ИБТИДОИ АСРИ XVI. ХАЁТИ ИЛМИ - МАДАНИ

Хаёти илмй-мадаий дар асрхои XV-XVI дар Осиёи Миёна ва Хуросон то як андоза пеш рафт. Албатта, ин бесабаб набуд. Пойтахти империяи бузурги Темур (1336-1404) шахри бостонии Самарканд дар он рузгор хеле обод гардида, дар байни шахрхо шухрати хосае дошт. Ин шохи шухратпараст аз кишвархои истилокардааш олимон, шоирон, наккош он, меъморони гулдаст, умуман, хунармандони номиро ба Самарканд овард. Меъморон дар ин чо касрхои бохашамат, мадрасаю масчидхо сохтанд. Осори бузурги меъморие, ки имруз хам Самаркандро зиннат додааст, махз аз инкишофу тараккии санъати меъмории ин давр шаходат медихад. Ансамбли меъмории Регистон, Гури Мир, Шохи Зинда ва амсоли онхо аз намунахои барчастатарини осори меъмории гузаштагони мо ба хисоб мераванд.

Дар айёми хукмронии фарзандони Темур, махсусан Шохрух Мирзо (1377-1447) шахри Хирот хам ободу зебо шуда, яке аз марказхои мухимтарини илму адаб ба шумор мерафт.

Илму адаб асосан дар хамин ду шахр ривоч ёфт.Дар шахри Самарканд бо саъю кушиши писари Шохрух

Мирзо - Улугбек (1394-1449) бештар илмхои дакик, аз чумла астрономия, мантик, фалсафа, математика, физика, химия тараккй мекунанд. Мирзо Улугбек, ки худ шахси бофазлу дониш буд, донишмандони маъруфи замонаашро ба шахри Самарканд овард. Соли 1424 дар Самарканд расадхона месозанд, ки дар он олимони бузург: Козизодаи Румй, Алии Кушчй, ГиёсиддинЧ,амшед, Мансури Кошй ва дигар донишмандон кор мекарданд. Онхо вазъи ситорахо ва дигар чирмхои осмониро ба мушохида гирифта, мавкеъ ва хусусияти онхоро то андозае муайян менамуданд. Натичаи кори чандинсолаи олимон дар чадвали астрономие, ки бо номи «Зичи чадиди Курагонй» машхур аст, чамъбаст гардидааст.

Дар пештоки мадрасае, ки Мирзо Улугбек дар Бухоро бунёд кардааст, хадиси: «Талаби илм ба мардону занони мусулмон фарз аст»-ро кандакорй шудааст. Байр аз ин, у дар мачлисхои

220

Page 221: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

умумй иштирок намудани занонро маъкул шуморид. Вале, мутаассифона, барои чох,у мансаб шуда як гурух ашхоси нолоик бо хамдастии писараш Абдуллатиф соли 1449 МирзоУлугбекро ба катл расонданд. Пас аз марги Улугбек дар Мовароуннахр илмхои дакик чандон тараккй накардаанд. Ба уламою удабои озодфикр, хайрандеш ва, умуман, ашхоси сохибистеъдод чохилони тангназари бефарханг садди рох мешуданд ва намегузоштанд, ки донишмандони хакикй дар чомеа сохиби эхтиром бошанд.

Ба хамин душворихо нигох накарда, илму маданият дар ин асрхо самар дод. Илмхои таърих, тиб, нучум, риёзиёт, адабиётшиносй, санъати рассомй, наккошй, меъморй, хаттотй ва гайра назар ба аерхои гузашта пеш рафтанд. Асархои таърихии Хофизи Абру («Зубдатуттаворих»), Шарафуддин Алии Яздй («Заф арнома»), А бдураззоки С ам аркандй («М атлаъуссаъдайн» ва «М ачмаъулбахрайн»), Мирхонд («Равзатуссафо»), Хондамир («Хабибуссияр») ва Хофизи Таниш («Ш арафномаи шохй») барои ош кор кардани масъалахои мураккаби таърихи халкхои Мовароуннахр ва Хуросон хамчун сарчашмахои боэътимод хизмати арзанда кардаанд ва дар оянда хам мекунанд.

Дар асархои таърихии зикршуда вазъияту холати сиёсй- ичтимой, иктисодй ва мадании аерхои XV-XVI муфассал инъикос ёфтаанд. Бисёр муаллифон аз нуктаи назари синфии худ ба ходисаю вокеъахои таърихй бахо дода, Темурро шохи одил, сохибкирон ва адолатпарвар ба калам додаанд.

Табиист, ки бо иваз шудани сулолаи Темуриён ва ба чои онхо омадани хонадони Шайбониён дар хаёти сиёсиву ичтимой, илмиву адабй дигаргунй ба амал наомад. Ба болои чабру зулми феодалони махаллй боз бар сари мехнаткашон истисмори узбекони бодиянишин зам гардид.

Аммо дере нагузашта, бар зидди Шайбониён харифи нихоят пуркувват Шох Исмоили Сафавй cap бардошта, соли 1510 Хиротро ишгол мекунад. У худро хомии мазхаби шиъа эълон намуда, барои чорй кардани он дар тамоми Мовароуннахр ва Хуросон ба катлу горати мардум машгул мешавад. Аммо

221

Page 222: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

максади асосии Исмоил хоки давлаташро аз хисоби кишвархои обод васеъ кардану боигарию сарвати зиёд ба даст овардан буд. То охирхои асри XVI дар байни ду сулола муносибатхои душманона бокй мемонад, ки дар ин бора асархои таърихй маълумоти муфассал додаанд. Д ар ин асрхо илми адабиётшиносй нисбат ба даврахои гузашта хеле пеш рафт. Ин пешравй хам дар микдор ва хам дар сифати асархо баръало хис карда мешавад. Олимон ва адабиётш иносоне пайдо мешаванд, ки дойр ба амалия ба назарияи адабиёт асархои пурарзиш меофаранд. Аз чумла, «М изонулавзон»-и Абдулкаххор ибни Исхок, «Лисонулкалом»-и Алишох ибни Махдй, «Аруз»-и Юсуфй, «Тазкиратушшуаро»-и Давлатшохи Самарканда, «Бадоеъулафкор фи саноеъулашъор»-и Хусайн Воизи Кошифй, «Бадоеъуссаноеъ» ва «Рисола дар илми кавофй»-и Амир Бурхониддин Атоуллох, «Рисолаи аруз» ва «Рисолаи муаммо»-и Сайфии Бухорой ва асархои илмию адабии Абдурахмони Чомй, ки шумораи онхо зиёд аст, офарида шудааст.

Махсусан асархои Амир Бурхониддин Атоуллох ва Мавлоно Камолуддин Хусайн Воизи Кошифй макоми махсус доранд. Муаллифи аввал дар бораи 150 санъати бадей ва муаллифи дувум дар бораи 300 санъати бадей маълумоти муфассал додаанд. Як чихати фарккунандаи «Бадоеъуссаноеъ» дар он аст, ки муаллиф бештар ба тахлилу тахкики илмй ахамият додааст. Атоуллох саъйу кушиш кардааст, ки ба воситаи тахлилу бахси илмй ва баёни фикру мулохизахои адабиётшиносони гузашта масъаларо комилан дуруст хал намояд.

Байр аз ин, дар ин асрхо санъати наккошй хеле инкишоф меёбад. Намояндагони барчастаи санъати наккошй: Бехзод, Музаххиб ва Мираки Наккош ба хисоб мераванд. Дар таърихи халкхои Осиёи Миёна, Хуросон ва Эрон Камолидцини Бехзод хамчун Монии Сонй шинохта шудааст. Аз сехри калами у мардуми Шарку Fap6 ба вачд омадаанд. Асархои эчодкардаи Бехзод имруз хам кимату арзиши худро гум накардаанд.

Дар «Бадоеъулвакоеъ» дар бораи намояндагони санъати рассомй дар Мовароуннахр наклхои ачоиб оварда шудааст.

222

Page 223: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Масалан, Восифй дар бораи Мавлоно Ч,алолиддин Юсуфи Наккош маълумоти пуркимате дода, асарх,ои хачвии уро хеле таърифу тавсиф менамояд.

Аз ин маълумот чунин ба назар мерасад, ки дар асри XV ва XVI санъати рассомй на танхо дар Хуросон, балки дар М овароуннахр хам ривочу равнак доштааст. Гайр аз ин, рассомон на танхо ба кашидани расмхои манзаравй машгул буданд, инчунин дар эчодиёти онхо расмхои хачвй макоми махсус доштанд.

Санъати хаттотй дар асрхои XV ва XVI низ хеле тараккй кард. Азбаски матбаа набуд, асархо дастй китобат мешуданд. Албатта, ин кори душвор ва мехнатталаб буд. То имруз аз намояндагони санъати хаттотй намунахои хеле чолиб расидаанд. Д ар ин айём хати настаълик, ки намунаи комилтарини хат аст, аз тарафи Миралии Табрезй (ваф. 1447) ихтироъ шуд. У шогирдони зиёдеро тарбия кард, ки онхо низ дар ин санъат чун устоди худ мохир шуданд.

Ч,аъфари Табрезй (ваф. 1456), Азхари Табрезй (1422-1502), Султоналии Машхадй (1438-1512), Султон Мухаммади Хандон (ваф. 1502), Султон Мухаммади Нур (ваф. 1534) ва Бобошохи Исфахонй (ваф. 1588) чун хаттотони машхури асрхои XV - XVI шинохта шудаанд.

Дар дарбори шохзода Бойсангурмирзо зиёда аз 40 нафар хаттотон чамъ омада, шабу руз ба руйнавис кардани асархои гузаштагон машгул буданд, ки дар болои сари онхо хаттотони номй Азхари Табрезй ва шогирди у Султоналии Машхадй меистоданд. Махз ба тавассути онхо «Шохнома»-и безаволи Абулкосими Фирдавсй, асархои Низомй, Ч,омию Навой ва дигарон руйбардор карда шудаанд.

Дар бораи хаттотону мусаввирон Козй Ахмад китоби «Манокиби хунарварон»-ро дар охирхои асри XVI иншо кардааст, ки он характери тарчумаихолй дошта, муаллиф дар бораи хаёту эчодиёти санъатварон маълумоти хубе медихад. Масалан, Крзй Ахмад ба эчодиёти Султоналии Машхадй бахои баланд додааст. Уро хануз дар замонаш «Султонулхаттотин» (яъне подшохй хатнависон) мегуфтанд.

223

Page 224: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Санъати мусикй низ дар ин асрхо хеле пеш меравад. Ин пешравй чй дар амалия ва чй дар назарияи санъати мусикй мушохида мешавад. То асри XV мусикии классики халкй точик «Дувоздахмаком» буд. Дар асри XV бо рохбарй ва нишондоди Ч,омй шогирди у Начмиддини Кавкабй онро мучазу содда карда, ба шаш маком расонид. «Шашмаком» пас аз Инкилоби Октябр боз хам инкишоф ёфта, ганитар гардид ва ба нота гирифта шуд. Дар Точикистон «Шашмаком»-ро хофизони машхур мехонанд ва ансамбли шашмакомхонон ташкил ёфтааст.

Соли 1413 аз тарафи мусикашиноси машхур Нуруддини Марогй назарияи маком (яъне нотахо) навишта мешавад. Асари у «М акеадуладвор» дар бораи усули нигоришоти маком, хусусияти нотахо ва дигар масъалахои назарияи мусикй бахс мекунад.

Хулоса, хаёти маданиву илмй дар ин асрхо пеш рафтааст. Вале, мутаассифона, хамаи он чизхои офаридашуда бештар ба табакаи болои чамъият дастрас буданд. Оммаи мехнаткаш танхо дар офаридани онхо азобу ранч мекашид, аммо фоида ва лаззати онхоро аъёну ашроф ва ахли сарват медиданду мечашиданд.

ХАЁТИ АДАБЙ

Дар карнхои XV-XVI адабиёти бадей низ густариш ёфта, сохахои мухталифи зиндагиро дар худ инъикос менамуд.

Дар ин асрхо хаёти адабй бештар дар шахрхои Хирот, Самарканд, Табрез ва Бухоро ривочу равнакёфт. Дар шахрхои номбурда мактабхои адабй амал мекарданд, ки ин мактабхо дар эчоди каломи бадей бо якдигар мусобика доштанд. Масалан, мактаби адабии Хирот, ки ташкилкунанда ва сарвари он мутафаккири бузург Абдурахмони Ч,омй буд, дар таърихи адабиёти точику форстаъсири амике гузоштааст. Намояндагони ин мактаб адабиёти 500-600- солаи моро чамъбаст карда, дар аксарияти жанрхои адабй асархои мукаммал эчод намудаанд.

Дар нимаи дуюми асри XV ба Хирот аз шахрхои гуногун толибилмон ва чавонони эчодкор барои тахсилу аз имтихони адибони бузург - Ч,омй ва Алишери Навой гузаштан меомаданд.

224

Page 225: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Онхо дар ин чо истеъдоди худро такмил медоданд, ба ашъори ш оирони бузурги гузаш та назира мегуфтанд ва дар чамъомадхои худ шеърхои якдигарро мухокима мекарданд. Ч,омй асархои онхоро хонда, дар охир ба шоирони чавон маслихат медод. Хдтто чавонони болаёкатро ба наздаш даъват карда, аз онхо имтихон мегирифт. М асалан, Зайниддин Махмуди Восифй, Бадридцини Х,илолй ва Мавлоно Х,отифй (хохарзодаи Чомй) аз имтихони устодони мактаби адабии Ч,омй бомуваффакият гузашта буданд.

Бешубха, иатичаи гамхории иадаронаи он устодони сухан буд, ки мактаби адабии Хирот самараи хуб дод. Дастпарварони ин мактаб Камолиддини Биной, Хусайни Воизи Кошифй, Махмуди Восифй, Бадридцини Хилолй дар таърихи адабиёти классикии асри XVI макоми хосса пайдо карданд. Дар асрхои XV- XVI доирахои адабии Самарканд, Бухоро ва Табрез бо якдигар муносибати наздик доштанд. Вале ин доирахои адабй назар ба мактаби адабии ХиРОт хеле заиф буданд. Дар доираи адабии Ирок Козй Исо, Ч,алолиддини Даввонй ва Дарвеши Дехакй (ба эчодиёти у Ч,омй ва Навой бахои баланд додаанд) мавкеи калон доштанд.

Аммо баъди Хуросонро ишгол кардани Исмоили Сафавй бисёр бузургони илму адаб ба Хиндустон, Бухорову Самарканд, Тошканд, Табрез рахти сафар бастанд ва хамин тавр, мактаби адабии Бухорову Тош канд кувват гирифт. А лбатта, дар нашъунамои доирахои адабй намояндагони мактаби адабии Хирот, ки асосан ба Бухорову Тошканд рафта буданд, накши бузург доштанд. Восифй дар бораи вазъи илмиву адабии Бухоро маълумот дода чунин мегуяд:

«Хонаи Хоча Хошимй чамъомадгохи арбоби фазлу камол буд. Хар руз чамъе аз ш оирони Бухоро дар он чо чамъ мешуданд. Одати Хоча он буд, ки хар руз дар хузури шуаро байте мехонданд, ё газалеро ба миён меандохтанд ва шоиронро ба чавобгуй ба он байт ё газал даъват мекарданд. Рузе гуфтанд: «Табъро бекор намебояд гузошт ва уро машгул мебояд дошт, ки кохилй мучиби касолати табъу тавлиди зехн мебошад. Баъд фармуданд, ки аз газалиёти Хусрави Дехлавй ва хазрати Махдум

225

Page 226: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

(Ч,омй), Мавлоно Котибй ва гайра анкдриб ба сад газал интихоб намуда шавад. Ва ба хотири расида, ки аз ёрон илтимос намуда шавад, ки онро татаббуъ намояд».

Мувофики тадкикоти пурратари сарчашмахои адабй хаёти адабии Мовароуннахр нисбат ба хаёти адабии Хуросон хеле суст чараён дошта будааст. Масалан, дар тарчумахои (Фахрй, Казвинй) «Мачолис-ун-нафоис»-и Алишери Навой дар бораи 471 нафар шоир маълумот дода мешавад. Аз ин 471 шоир 75 нафари онхо аз Мовароуннахр мебошанду халос. Бокй аз мардуми Хуросонанд. Илова бар ин, аз 75 адибе, ки дар сарзамини Мовароуннахр зиндагй мекарданд, аксарияташон берун аз дарбор эчод карда, ба коре машгул буданд. Дар мактаби адабии Хирс>т хам намояндагони касбу кори гуногун фаъолона иш тирок дош танд. М асалан, 61 нафар шоир намояндаи 29 навъи санъати хунармандй буданд.

Чангхои дохилй, зиёд гардидани зулму истисмори чй ашрофони дохилй ва чй хокимони забткор ва зам гардидани андозхо боиси кашшок гардидани омма, махсусан хунармандон, косибон ва дехконон шуд. Муаллифи «Бадоеъулвакоеъ» хаёту зиндагии хамин гуна одамони мазлуму бечора ва шоирони муфлисро дар осораш бо сузу хаячони ботинй ба хонандагон хикоят мекунад. Масалан, Мавлоно Хасаншох яке аз шоирони боистеъдод буд. Шеърхои хачвия, китъаоти ахлокии зиёде дошт. Вале бисёр факирона зиндагй мекард. «Соле,- мегуяд Зайниддини Восифй,- дар ХИР°Т зимистони нихоят сахт омад. Сармо шиддат гирифт. Мавлоно Хасаншох, ки чизе надошт, ахволаш танг шуд, ба чои омада писарашро гуфт:

-Монандй мотамзадагон кабуд пуш. Ба дари хонаи Мир Алишер рав! Мир ки туро бинад ва пурсад, гуй, ки падарам аз дорулфано ба дорулбако рехлат намуд. Мир чихати такфин ва тачхиз чизе хохад дод. Ба бозор рафта, асбоби маош харида ба хона ор!

Чун ба ин сурат ба хонаи Мир омад, Мир уро талабида пурсид:

- Вокеа чист?Гуфт:

226

Page 227: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

- Падарам вафот кард.Бо шунидани ин хабар дар чашмони Мир об чарх зад ва

гуфт:- Дарег аз Мавлоно Хасаншох, ки аз наводири рузгор буд.Баъд ба маблаги 300 танга ба вай инъом фармуд. Рузи дигар

Мавлоно ба дари хонаи Мир омад. Чун чашми Мир ба вай афтод, аз ханда пушт ба девор ниход ва гуфт:

- Эй мулло ! Шумо мурда будед? Ин чй холат аст?Гуфт:-Эй Мир, агар он инъом намешуд, мурда будем».Ин саргузашти гамангези Мавлоно Хасаншохи шоир пурра

собит менамояд, ки ахли калам, ахли хунар бо зиллату хорй умр ба cap мебурданд. Махз дар он рузгор ёрию мададгорй, пуштибонию сарпарастии Абдуррахмони Ч,омй ва Алишери Навой буд, ки баъзеи онхо як бурдаи нон ёфтаву эчод кардаанд.

Бояд эътироф кард, ки кисми зиёди шоирони дарбор ба манфиати халк хизмат мекарданд, идеяхои гуманистй, адолатпарварй ва амсоли инро дар эчодиёти худ тараннум менамуданд. Мисоли равшани инро мо дар эчодиёти Зайниддин Махмуди Восифй дида метавонем. У як кисми хаёти худро дар дарбор гузаронид, вале эчодиёти худро ба манфиати халк бахшидааст. Нависанда шоирони мадцох, хушомадгуйро бад мебинад ва дар баробари ин ахли каламро даъват менамояд, ки хамеша дар назди амирон, хокимон назарбаланд бошанд, кадри сухани худро паст назананд. Масалан, Восифй ин матлабро бо овардани як хикоят аз номи шоири асри XV Бобо Савдой ин тавр баён кардааст: «Бобо Савдой бо чамоаъе аз зурафо дар хиёбоне нишаста мутоиба мегуфтанд, ки Бойсунгур Мирзо аз дур намоён мешавад. Ба чуз Бобо Савдой хама хеста ба у таъзим мекунанд. Баъд аз рафтани подшох одамон уро таън кардаанд, ки чаро ба Мирзо таъзим накардй. Бобо Савдой дар чавоб: «Маро парвои подшохони олам нест. Ман писари Худоям», -мегуяд.

Нависанда зимни ин сухан озодй ва киммату арзиши инсонро дар чои аввал мегузорад. Нависанда ба инсон хитоб карда, гуфтанй шудааст, ки харгиз худашро дар назди ахли чоху сарват хору залил нагардонад, хамеша сарбаланд бошад.

227

Page 228: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Вокеан, аз тарафи муаллиф баён кардани ин фикр бесабаб набуд. Далелхои таърихй нишон медиханд, ки дар асрхои XV ва XVI кадру кимати инсони хакикй дар назди шоху хокимон хеле паст гардид, ба он чун ба хайвон муомила мекарданд. Илова бар ин, ба хамаи ин хорию бехурматй нигох накарда, бисёр одамон расми хушомадгуиро дар назди сохибмансабон ба дарачаи олй расонида буданд. Ба ин гурух шоирони маддох Мавлоно Тунй, Амир Чалолиддин, Мавлоно Ахлии Шерозй ва дигарон дохил мешуданд. Нависанда хамаи инро дар хаёт бо чашмони худ медид ва, албатта, дар ин бора хомуш истода наметавонист.

Вале бояд зикр кард, ки дар адабиёти ин давра намояндагони мактаби адабии Абдурахмони Ч,°мй, ки ба он Давлатшохи Самаркандй, Мавлоно Унсй, Алишери Навой, Хусайни Воизи Кошифй, Камолиддини Биной, ЗайнидДин Махмуди Восифй, Бадриддини Х,илолй ва дигарон шомил буданд, эчодиёти худро ба манфиати халк бахшида, идеяхои гуманистй, адолатхохй ва раиятпарвариро таргиб намудаанд. Масалан, Ч,омй максади зиндагии хар як фард, хар як адиб, хар як инсонро дар некию накукорй нисбат ба халк мебинад. Монанди шамъ шудан лозим, то зиндагии дигаронро фурузон кунй, мисли абри бахорон борон рехта, ба олами наботот чону дармони тоза бубахш, - хамин аст максади зиндагии хар як инсон,- мегуяд Ч,омй.

Шсшъ шав, шамъ, ки худро сузй,То ба он базми касон афрузй.Абр шав, то ки чу боронрезй,Бар гулу хас х,ама яксон резй.

Адибони фавкуззикр махз аз руи чунин гуфтахои Ч,омй амал карда, эчодиёти худро ба манфиати халк равона карда буданд. Онхо мадху ситоиши шахсони нолоикро барои худ таън мешуморанд. Дар ин бора Бадриддини Х,илолй хеле хуб гуфтааст:

Шодам, ки дар ин се бах,ри асрор,Бар сангдилон паям гу^арбор.

228

Page 229: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Ман нома ба номи кас накардам,Инъоми касе уавас накардам!

Дар эчодиёти онхо танкиди замона, тарзи давлатдорй, зулму истисмори шохону хокимон мавкеи мухимро ишгол мекунад. Масалан, Камолиддини Биной дар баробари танкиду накухиш кардани золимон, инчунин онхоро аз окибати нохуши кирдорашон огох месозад.

Рахши давлат ба зулм агар ронй,Хам чу хар дар халоб дар монй.Поймоли цафо ба кас маписанд,Ки ба мехи цафо шавй нобанд.

Жанрхои адабй. Дар адабиёти асрхои XV- XVI мисли асрхои пешин асосан назм хукмрон буд. Асархои манзум чй аз чихати шакл ва чй аз чихати мазмун назар ба асархои насрй мавкеи мухимтареро ишгол мекарданд. Базал, касида, достон, рубой, китъа, мухаммас, таркиббанд, тарчеъбанд, мустазод шаклхои маъмултарини адабиёти ин асрхо ба шумор мерафтанд.

Дар эчодиёти аксарияти шоирони ин асрхо газал мавкеи асосй дошт. Ч,омй низ ба ин масъала ишорат намуда, чунин мегуяд:

Хает девони шеърй ман акеар,Газали ошщони шайдой.

Газал бештар аз чихати шакл ба газалхои шоирони пешин монандй дорад. Вале ба хар хол, дар газалхои ин давр, дар мундаричаи гоявии онхо баъзе дигаргунихо мушохида мешавад. Чунончй, дар ин асрхо шоироне пайдо мешаванд, ки дар газалхои худ кору зиндагии санъатварон, ахли хунар ва хусусияти каебхои онхоро ба тарзи мушаххас тасвир мекунанд. Ин хусусият бештар дар газалиёти Сайфи Бухорой, Абуисхоки Атъима мушохида мешавад.

Касида хам бо ду рох тараккй мекунад. Касидахои ахлокй, фалсафй бештар дар эчодиёти Абдурахмони Ч,омй, Навой, Биной ба назар мерасанд, ки ин давоми анъанахои шоирони бузурги гузашта Рудакй, Носири Хусрав, Низомй, Саъдй ва

229

Page 230: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

дигарон мебошад. Касидахои мадхй бештар дар эчодиёти шоирони маддохи дарбор дида мешаванд.

Навиштани асархои ахлокй дар ин асрхо вусъат меёбад. Махсусан, асархои тарбиявию ахлокии Абдурахмони Ч,омй, Алишери Навой, Бадриддини Х,илолй мавкеи калонро ишгол менамояд. «Ахлокй Ч,алолй»-и Ч,алолиддини Д авонй, «Футувватномаи еултонй», «Ахлокй Мухсинй»-и Хусайни Воизи Кошифй, «Макоримулахлок»-и Хондамир, «Бехрузу Бахром»-и Камолидини Биной низ ба ин мавзуъ бахшида шуда, муаллифон дар асархои худ дойр ба бисёр масъалахои ахлокй фикру мулохизахои иуркимат баён кардаанд.

Дар ин асрхо назира гуфтан ба достонхои кахрамонй, ишкй- романтикй вусъат меёбад. Онхо ба «Хамса»-и Низомии Ганчавй ва Амир Хусрави Дехлавй чавоб мегуянд. Вале ба гайр аз Ч,омиву Абдибеки Шерозй ва дар адабиёти узбек Навой ба ягон каси онхо муяссар нагардид, ки ба «Хамса» пурра чавоб гуянд. Ч,омй бидуни чавоби достонхои «Хамса», микдори онро зиёд намуда, ба хафт расонд, ки ин, албатта, дар хамсасарой як тагйироти чиддие буд. Ш оирон М авлоно Хотифй, Шахобиддини Ч,омй, Амир Сухайлй, Бадриддини Хилолй, Ашраф ва дигарон танхо ба ду-се достони «Хамса»-и Низомй чавоб гуфтаанду халос.

Гайр аз ин, дар ин асрхо шоирони зуллисонайн, яъне дузабона пайдо мешаванд, ки онхо хам ба забони точикй, узбекй ва хам арабй шеъру достон эчод мекарданд, ки сарвари онхо Алишери Навой буд.

Дар ин давра наср хам хеле пеш меравад. Асархои насрй чй аз чихати забону тарзи баён ва чй аз чихати услубу композитсияи худ аз якдигар фарки калоне доштанд. Асархои насрии Абдурахмони Ч,омй («Бахористон», «Нафахотулунс»), Хусайни Воизи Кошифй («Футувватномаи еултонй», «Ахлокй Мухсинй», «Анвори Сухайлй»), Ф ахридин Алии Сафй («Л атоиф уттавоиф »), Зайниддин М ахмуди Восифй, («Бадоеулвакоеъ») намунаи барчастаи насри ин асрхо буда, аз чихати забон ва тарзи баён содда ва фахмо мебошанд. Вале дар хамин давр асархои насрие низ иншо шудаанд, ки забонашон

230

Page 231: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

нихоят душворфахм буда, муаллифон бештар ба истифодаи калимаю иборахои арабй ахдмият медоданд.

С А ВОЛ В А СУПОРИШ1. М авкеи м арказхои илмиву адабй дар пеш рафти

маданияти точик чй гуна буд?2. Чаро аввал илмхои дакик ва баъдтар улуми динй тараккй

карданд?3. Ахамияти асархои таърихиро дар равшан намудани

ходисахои сиёсии асрхои XV-XVI-po дар чй мебинед?4. Оё асархои адабиётшиносии ин асрхо аз карнхои пешин

фарк доштанд?5. Дар он давра кадом санъатхо тараккй намуданд?6. Мусикашиносони ин асрхо дар такомули «Шашмаком»

чй хизмат карданд?7. Фикри шумо дар бораи тамоилхои адабии ин асрхо чй

гуна аст?8. Бештар кадом жанрхои адабй инкишоф ёфтаанд?9. Оё аз чихати шаклу мазмун дар адабиёти ин асрхо ягон

навоварие ба вучуд омад?10. Пайравони Низомии Ганчавй ва Амир Хусрави Дехлавй

чаро ба хамаи асархои онхо чавоб нагуфтанд?11. Мактаби адабии Чомй чй хусусият ва чй ахамият дошт?12. Чаро адабиёти асри XV-po чамъбасти 500- солаи

адабиёти точику форс мегуем?13. Фикри шумо дар бораи адабиёти асрхои XV-XVI чй гуна

аст?

РУЙХА ТИ АДАБИЁТИ ИЛМЙ В А МЕТОДЙ1.С. Айнй. Навой, Асархо, ч- 11, кисми 1, «Ирфон»,

Душанбе, 1963.2.Е .Э .Бертельс. Джами, эпоха, жизнь, творчество.

Сталинабад, 1949.

231

Page 232: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

3.А.Мирзоев. Биной, Нашрдавтоник. Сталинобод, 1957.4.А.Афсах,зод. Адабиёти форсу тоник дар нимаи дуюми асри

XV. «Дониш», Душанбе, 1987.5. Т. Миров. Дастури методии «Адабиёти тоник» барои

синфи 9. «Маориф», Душанбе, 1986.

232

Page 233: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

АБДУРАХМОНИ НОМИ (1414-1492)

Цомй дар осори худ сох,ирона такомули панцсадсолаи адабиёти гузаштаро чамъбаст мекунад. Аз р у и осори Цомй бо камоли боварй метавон х;укм кард, ки дар царни X V азмероси гузашта чй чиз боцй монда ва чй аз байн рафтааст.

Е.Э. Бертеле

Ч,омй олим, м утаф аккир, ш оир, нависандаи барчастаи халкй точик буда, дар осмони илму адабй асри XV монанди як ситораи дурахшон чилвагар аст.

У адабиёти зиёда аз 500- солаи форс-точикро дар тамоми сох,ах,о бо асархои баркамолаш чамъбаст намудааст. Чомй ифтихори халкй точик ва точикзабонон аст.

Тарчумаи х,ол. Номи асосии у Абдуррахмон, лакабаш Нуриддин буда, бо тахаллуси Ч,омй дар тамоми дунё машхур гардидааст. Нурид дин Абдуррахмони Ч,омй 7 ноябри соли 1414 дар дехаи Харчурди вилояти Ч,ом ба дунё омадааст. Падар ва бобои Ч,омй мардони бофазлу дониш буданд. Хангоме ки Ч,омй11 - сола мешавад, оилаи онхо аз вилояти Ч,ом ба Хирот меоянд. То ин дам А бдуррахмон дар Ч,ом, дар назди падараш Низомиддин Ахмад хату саводи пурра бароварда, инчунин сарфу нахви забони арабиро низ то андозае аз худ карда буд. Дар ин бора яке аз шогирдони вафодори Ч,омй Абдулгафури Лорй чунин менависад: «Рузе сухан аз устодон ва муаллимони хазрати эшон (Ч,омиро дар назар дорад) дар миён афтод, фармуданд, ки мо ба хакикат шогирди падари худем, ки забон аз вай омухтаем».

Баъд аз ин Абдуррахмон дар Хирот, дар мадрасаи Низомия тахеили илмро давом медихад. У дар назди Мавлоно Чунайдй усули забони арабй, асархои «М ухтасарулмаонй», «Алмутаввал»-и Саъдиддини Тафтозониро, ки оид ба илми баён буданд, омухта, дойр ба илмхои хикмат ва мантик аз олимони машхури замон Хочаалии Самаркандй ва Ш ахобиддин Мухаммади Ч,очармй сабак мегирад.

233

Page 234: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Ч,омй аз кудакй зехни бурро ва акди расо дошт. У дорой хислати ачибе буд: ба хар як чиз, ба хар як ходиса аз нуктаи назари танкидй, кунчковй назар мекард, бештар ба илмхои дакик майлу рагбат дошт. Ч,омй ба як бор хондан мохияти асоеии маеъаларо дарк мекард. У монандй шогирдони дигар дар бахсу мунозирахо худнамой намекард, баръакс, дар он чойхо орому ботамкин буд. Суханони Чомй катъй буданд ва факту далелхои раднашаванда доштанд. Аз ин ру, у хамеша дар бахсу мунозирахои муллобачагон голиб мебаромад. Крбилияту истеъдоди Абдурахмони Чомй чунон бузург буд, ки \атто устодои аз ухдаи даре додани у баромада наметавонистанд. Дар ин бора муаллифи «Бадоеулвакоеъ» Зайниддин Махмуди Восифй накли ачибе овардааст, ки он «Хамсаи мутахайира» («Панчгонаи хайратовар») ном дошта, мазмуни зерро дар бар мегирад.

Онхо панч нафар буданд, панч нафар толибилм, донишчу. Холо онхо дар хучраи Мадраса ниш аста, устоди худро интизоранд. Устод Мавлоно Мухаммади Ч,очармй вориди хучра шуд. Шогирдон- Абдуррахмон, Хусайн, Шамсидцин, Довуд, Муинидцин аз чой хеста, ба устоц салом доданд. Даре cap шуд. Муаллим аз онхо вазифаи хонагиро пурсид. Ч,ав°(5и пурра ва сахех мецоцанц. Мавлоно ба шогирцон асари олими машхур «Шархи тачриц»-и Мавлоно Алии Кушчиро тацрис мекарц. Хангоми шарху маъницоци баъзе масъалахои асар цар байни муаллиму шогирдон бахсу мунозира авч мегирифт, гохо шогирдон голиб мебаромаданц.

- Чй бояд кард? «Илочи вокеа пеш аз вукуъ» гуфтаанд, - анцеша мекарц, рох мечуст устод.

-Пас фикру тадбир он аст, ки ман худамро касал кунам ва шогирдонро дар куи бекорй анцозам. Вале бояд ман дар ин муццат шабу руз мутолиа кунам ва ба царегуии шогирцон нагзтар тайёр шавам.

Мавлоно Мухаммади Чочармй шогирцонро ба мухдати 40 руз бо сабаби «касалй» ва ба «табобат» машгул шуцани хуц чавоб дод. Вале шогирдон сабаби касалии устоди худро пай бурданц. Бинобар ин онхо карор доцанц, ки хар руз дар масчиди Мулкон чамъ омада, як нафарашон муаллим шавад.

Ба хамин тарик, цар муццати 40 руз ба навбат царе гуфтанц234

Page 235: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ва дониши худро такмил доданд. Мавлоно Ч,очармй хам дар ин муддат шабу руз пайваста дар мутолиа буд. Барои шогирдони «гапнодаро» саволу супоришхои нихоят душворро тайёр мекард.

У аз он хурсанд буд, ки дониши зиёде гирифтааст ва он метавонад ба таълими яксолаи шогирдон кифоят кунад.

Нихоят рузи 40-ум ба шогирдон хабар медиханд, ки устод аз «бистари беморй» хеетааст ва имруз даре мегуяд. Онхо ба даре хозир шуданд.

М авлоно ба шархи як масъалаи мураккаб cap кард. Шогирдон пеш аз устод чавоб доданд. Мавлоно хайрон шуд ва гуфт:

- Шогирдони азизам, ман касал набудам, мутолиа кардам, хондам, то ки ба шумо даре гуям. Вале, хушбахтона, шумо бузург, устод шудаед, чавон хам бошед, дигар шуморо хеч кас кудрати даре додан надорад, хамаи илмхоро аз худ кардаед. Ба шумо рохи сафед металабам.

Он чор нафар шарикдарсони Ч,омй, ки зикрашон дар боло рафт, дар хакикат олимони машхури замони худ шуданд.

Баъд аз ин ходиса Абдуррахмони Ч,омй дар синни 23- солагиаш ба Самарканд меояд. Ч,омй чанд муддат дар назди Крзизодаи Румй аз илмхои хисоб, риёзиёт ва нучум таълим мегирад. У на танхо дар назди устодаш даре мехонад, балки ба корхои илмии К,озизода ёрй мерасонад.

Ч,омй дар базмхои муллобачахо иштирок намекард. У бештар дар бахсу мунозирахои олимони машхур хозир мешуд ва агар лозим медонист, сухан мегуфт. Ч,омй суханро дароз намекард. Суханхояш мучаз ва бамаънй буданд. Дар чамъомади шоирон иштирок карда, бо тааммул гуш мекард. Вале шеър намегуфт. Пай бурдан душвор набуд, ки Ч,омй ба ин пешаи эчодй шавки беандоза дорад.

Абдуррахмони Ч,омй соли 1453 ба Хирот меояд. У аввал хост ба хизмати дарбор равад, вале одати хушомадгуй надошт ва нарафтанро афзалтар донист. Боз чанд муддат ба тахеили илм, аз чумла, илми шеър машгул гардид. Дар ин айём Ч,омй бо яке аз бузургони чараёни накшбандия Саъдиддини Кошгарй (ваф.1456) шиносой пайдо карда, ин фиркаро кабул мекунад.

Пас аз марги устоди рухонии худ- Саъдиддини Кошгарй235

Page 236: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Ч,омй рохбари маслаки накшбандияи Хуросон мешавад. У муридони зиёд дошт, ба онхо таълим медод, нозукихои маслаки накшбандияро меомузонд. Абдулгафури Лори яке аз муридони бовафои Ч,омй ба хисоб мерафт.

Сафарх,ои Ч,омй. Абдуррахмони Ч,омй дар хаёти худ 7 бор ба сафар баромада, шахрхои Самарканду Тошканд, Фаробу Марвро тамошо кардааст. Сафари охирин ва тулонии Ч,°мй соли 1472 дар мохи август огоз ёфт. V шахрхои Нишоиур, Сабзавор, Бастом, Домгон, Кдзвин, Хамадон, Багдодро саёхат карда, бо арбобони илму адабй ин шахрхо вохурд, сухбатхо орост. Дар хар чо Ч,омиро иззату эхтиром мекарданд. Ч,омй М акка ва М адинаро зиёрат карда, соли 1473 б_а Х ирот бозмегардад. Поёни умри Ч,омй дар Хирот гузашт. У ба эчод кардани асархои илмиву адабй батамом машгул буд. Як дакикд вакти худро бекор намегузаронид. Танхо ба мактаби адабии Хирот рохбарй карда, ба шоирони чавон маслихатхои муфид медод.

Ч,омй дустони бисёр дошт, ки бо онхо базми шеъру суруд меорост, сухбатхои дилангез мекард. Яке аз шогирдони бехтарини Ч,омй Алишери Навой буд. Муносибати онхо на хамчун устоду шогирд, балки мисли ду дусти чонй, ду хамкору хаммаслак ба назар мерасад.

Абдуррахмони Ч,омй оилаи хуб ва фарзандони лоик, дошт. Вале се фарзанди адиб дар тифлй ва хурдсолй вафот кардаанд. Албатта, вафоти фарзандон калби адибро ба шуру галаён овард. Дар мотами фарзандон Ч,омй ашки гаму хасрат рехт, охи чонсуз аз дили пурсуз баровард. У дар марги фарзандон марсияхо сурудааст, ки дар онхо сузу гудози падари догдида басо муассир ифода ёфтааст:

Рехтй хуни дил аз дидаи гирёни падар,Р а\ы бар цопи падар н-омадат, эй цоии падар. Навбауор омаду гулуо уама рустанд зи хок,Ту х,ам аз хок баро, эй гули хандони падар.

Абдуррахмони Ч,омй 9-уми ноябри соли 1492 дар шахри Хирот вафот кардааст. Хангоми вафоти Ч,омй кариб аксарияти мардуми гирду атрофи ХиРот либоси мотам пушидаанд. Ба микдори 1000 байт дар вафоти Ч,омй аз тарафи шоирон

236

Page 237: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

марсияхо ва китъахои таърихй эчод шуд. Чунончи, Мавлоно Комй дар вафоти Ч°мй бо як сузу гудоз марсияе эчод кард, ки дар он мавкеи чамъиятй, хислатхои гуманистии адиб хеле равшану возех инъикос ёфтаанд. Ана, чанд байт аз он марсия:

Рае наци илму амал рафт, дар аъёни1 цах;он,Зебу зинат ба цуз аз цуббаву дастор2 намонд.Монд аз он сарвари ах,ли сухан осор басе,Дар цах,он гарчи зи ах,ли сухан осор намонд.Ру ба девори лах,ад монд касе, к-у х,ама умр,Бсщри рох,ат нафасе пушт ба девор намонд.Харгиз озурда нашуд аз суханаш хотири кас,Дар дил аз уй ба цуз х,асрати дидор намонд.Рафт, эй дил, зи цах;он мунису гамхори х;ама,Гами худ хур, ки дигар мунису гамхор намонд.

О ромгохи А бдуррахмони Ч °м й дар ш ахри Х,иротиЧ,умхурии иеломии Афгонистон бо номи Тахти М азор ёд мешавад, ки хазорон одамони чахон зиёраташ мекунанд. Шохи мутаассиб, чохилу бехирад Исмоили Сафавй пас аз 18 соли вафоти шоир кабри Чомиро оташ зад, вале ба максад нарасид, зеро оромгохи шоири бузург кошонаи дили халклои чахон аст.

Мероси адабй. А бдуррахмони Ч ° мй умри дарози пурбаракате дидааст, вале онро зоеъ нагузаронида, барои наслхои оянда осори пурарзиш и илмию адабй мерос гузоштааст. У кариб 50 соли хаёти худро ба офаридани асархои илмй ва сурудани ашъори дилангезу достонхои барчаста сарф кардааст. Шогирдон ва хамзамонони Чомй микдори асархои уро аз 46 адад зиёд медонанд. Масалан, дар ин бора шогирди наздики Ч°мй Камолиддини Биной чунин мегуяд:

Чомй, он офтоби нуронй,Он мунаввар ба нури субх;онй.Буд аз чил зиёд таснифаш,Ру дар эъцоз карда таълифаш.

Соли 1503 куллиёти Чомй аз тарафи дустонаш тартиб дода

1 Аъён - бузургон, донишмандон. сардорон.2 Ч,уббаву дастор - чомаву салла.

237

Page 238: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

мешавад, ки он нусха то замони мо омада расидааст. Асархое, ки дар куллиёти адиб чамъ оварда шудаанд, илмхои гуногун: нучум, фалсафа, забоншиносй, адабиётшиносй, тафсир, хадис, фикх, ахлок, мусикй ва гайраро дар бар мегиранд. Махсусан, асархои илмие, ки дойр ба арузу кофия, мусикй иншо шудаанд, кимату арзиш и зиёд доранд. Асари тарчумахолии у «Нафахотулунс» дар бораи хаёту фаъолияти 616 мард ва 34 зан маълумот медихад, ки аксарияти онхо уламо, шайхони бузург и аерхои гузашта ва шоиронанд. Дар «Алфавоидуззиёия» Ч,омй дар бораи коидаву конуни забони арабй ва услуби таълими он фикру мулохизахои судбахш баён мекунад. Хрло хам дар мадрасаву мактабхои Афгонистон, Ирок, Х,индустон, Покистон ва Эрон асари мазкур хамчун китоби дарей барои омухтани забони арабй истифода мешавад.

Вале бояд эътироф кард, ки Абдуррахмони Ч,омй дар таърихи халкй мо хамчун нависанда ва шоир маълуму машхур аст. Хднуз дар хамон замон шухрат ва эътибори Ч,омй хамчун шоир ба кишвархои гуногун пахн шуда буд. Ба ин нукта худи Ч,омй ишорат карда мегуяд:

Агар ба Форс равад кор вони ашъорам,Равони Саъдиву Хофиз кунандаш истицбол.В-агар ба Хинд расад, Хусраву Хасан гуянд:Ки: «Эй цещоии %унар, маруабо, таол, таол!»3

Аз Ч,омй се девон, «Х,афт авранг» (иборат аз хафт маснавй), «Бахористон» ва «Чихил хадис» ба мо омада расидааст, ки хар кадоми онхо дорой ахамияти калони адабиву эстетикй мебошанд. Абдуррахмони Ч,омй фаъолияти адабии худро аз сурудани ашъори лирики - газал, касида, рубой, китъа ва гайра cap кардааст ва то охири умр онхоро давом додааст. Дар эчодиёти шоир газал мавкеи асосй дорад. Масалан, дар девони аввал- «Фотихатушшубоб» 1016 газал, дар девони дуюм- «Воси гатуликд» 493 ва дар девони сеюм- «Хотиматулхаёт» 296 газал омадааст, ки микдори умумии онхо 1805 газалро ташкил медихад. Ё ба тарзи дигар гуем, агар абёти се девон 16 хазору 629 байтро ташкил дихад, аз он 13 хазору 17 байташ газал аст,

3 Таол. таол -хуш омадй, хуш омадй.

238

Page 239: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ки он 78 фоизи ашъорро ташкил медихад. Ба хамин маънй ишора карда, худи шоир чунин мегуяд:

Хает девони шеърй ман аксар,Газали ошицони шайдой,Е фу ну ни насоех, асту уикам,Мунбаъис аз шуури доной.Зикри дунон наёбй андар вай,К-он бувад нак,ди умрфарсой.

Касида дар девонхои шоир чои дувумро мегирад, ки микдори онхо 53-то мебошад. Касидахои Чомй хачман хурд буда, аз 8 то 15 байгро ташкил медиханд. Мавзуъхои асосии онхо масъалахои фалсафй, панду хикмат, шар\и хол ва гайраро дар бар мегиранд. Касидахои «Луччатуласрор», «Чилоуррух» ва «Рашхи бол ва шархи хол» дар мавзуъхои боло суруда шуда, кимату арзиши зиёде доранд. Чунончи, шоир дар касидаи «Луччатуласрор» ба масъалахои тарбиявию ахлоки диккат дода, таъкид менамояд, ки чавононро аз кудакй бояд тарбия кард, ба рохи рост хидоят намуд, зеро ба акидаи шоир, чавонон хам ба мисли дарахтони навбар ё навнихол нозук мешаванд. Агар ин нихолхо аз хурдй тарбият ёбанд, хосили аъло медиханд ва чавонон низ чун ба камол мерасанд, корхои нек ва судбахш хоханд намуд:

Дар цавонй саъй кун, гар бехалал хоуй амал,Мева бенук,сон бувад, чун аз дарахти навбар аст.

Баъдан Чомй дар касида таъкид мекунад, ки агар шахе сохиби донишу камолот бошад, хеч гох гадо нест, у шох аст :

Гар надорад симу зар доно, манех, номаш гадо,Дар бараш дил баури дониш, у шауи бауру бар аст.

Дар эчодиёти Чомй рубой, китъа, тарчеъбанд, таркиббанд, мураббаъ, фард дида мешавад, ки онхо аз лихози маънй ва санъати суханварй дар пояи баланд меистанд.Чомй дар рубоиёт ва китъаоти худ бештар фикрхои пандуахлокии худро ифода кардааст. Чунончи, дар китъаи зерин ба як масъалаи мухими рузгори хеш дахл намуда, таъкид менамояд, ки инсон бояд

239

Page 240: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

мехнатдуст бошад. У бояд омухтан ва мехнат карданро барои худ ор надонад, аз пайи номи падар нашавад, балки фазлу хунари худро дар назди мардум нишон дихад. Агар ин сифатхоро надошта бошад, мисли шохи бехосили дарахти мевадор аст, ки он чун хезум аст:

Хар писар, к-у аз падар лофад, на аз фазлу х,унар, Филмасал гар дидаро мардум бувад, номардум аст. Шохи бебар гарчи бошад аз дарахти мевадор,Чун наёрад мева бор, андар шумори х,езум аст.

Мазмун ва мундаричаи идеявии газалиёти шоир. Дарэчодиёти Абдуррахмони Ч,омй, чунонки каблан арз кардем, газал мавкеи асосй дорад.

Ч,омй дар сурудани газал ба шоирони бузурги гузашта - Саъдии Шерозй, Хусрави Дехлавй, Ч,алолиддини Румй, Хофизи Шерозй ва Камоли Хучандй пайравй намудааст:

Ин назми туст, Чомй, ё тоза дастаи гул,К-аз «Бустон»-и Саъдй табъи Камол баста.

Ин пайравй дар мазмуну мундарича ва шаклу композитсияи он мушохида мешавад. Газалхои Ч,омй асосан аз 7 байт иборатанд. Мавзуи газалиёти шоир танкиди замону ахли чох, беадолатй, орзую умеди халк ва гайраро дар бар мегиранд. Масалан, дар газали поён ба ахли чоху сарват, яъне шохону хокимони вакт хитоб карда мегуяд, ки шумо дили осуда, зиндагии пурнишот ва айшу нуши шохона доред, магар аз холи мазлумон, бечорагон вокифед?

Осудадило, х,оли дили зор чй донй?Хунхории уипиоци цигархор чй донй?Харгиз нахалида ба кафи пои т у хоре,Озурдагии синаи афгор чй донй?Шаб то ба сах,ар хуфта ба хилватгах,и нозй,Бехобии ин дидаи бедор чй донй?

Дар газали дигараш Ч,огш амалдоронро сахт мазаммат намуда, таъкид менамояд, ки шумоёнро замонаи «номард» сохибмансаб кард, вале шумо дар асл нокасу бадкирдоред. Хеч гас ба ин беадолатии замона розй нест, вале мачоли сухан

240

Page 241: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

гуфтан надоранд. Аз ин рох, баргардеду ба халк неки кунед:

Гарра машав, ки хоца ба некй ситоядат,Бадмардии замона туро некмард кард.Гар кард хун дилам, чу забон аз сухан, вале,Бо у киро мацоли сухан, х,ар чй кард, кард.

Шоир дар рузгори хеш медид, ки дар дарбори шохон як туда одамони каллоб ва бехирад чамъ омада айшу нуш мекунанд. Онхо дар халли бисёр масъалахои мухими давлатй очизй мекашанд. Ч,омй онхоро ба зог ва чугз монанд кардааст:

Ба цасри ишрату айвонй айши шох,он бин,Ки зог нагмасаро гашту чугз цофиясанц.

Ч,омй, ки худ яке аз пешвоёни маслаки тасаввуф аст, дар зиндагй мушохида кард, ки баъзе шайхону зохидон ва суфиён дар зохир диндору худочуянд, вале дар амал онхо фиребгару беномусанд. Барои молу чиз оммаро фиреб медиханд. Шоир онхоро ба анкабут, ки барои сайди магас тор метанад, монанд кардааст:

Шайхи шух,ратцуи раъноро тамошо кун, ки чун Дар либоси хос зох,ир шуд фиреби омро.Мекашад доме пайи сайди магас чун анкабут,Ш охбозе ку, ки аз х,ам барканад ин домро ?

Оре, ин шохбоз худи шоир аст. У пардаи фиребу найрангро аз руяшон кашида, сираташонро ошкор кардааст. Ч,омй дар бораи онхо бо хаячону изтироб сухан меронад. У халкро даъват менамояд, ки аз ин гуна ашхос дурй чуянд, зеро онхо монанди деву дад одамони бад хастанд. Ба акидаи шоир бояд хамеша бо некон, бо хирадмандон хамсухбат шуд:

Дило, зи цайди %арифони бехирад бигрез,Ту мурги зиракй, аз доми деву дад бигрез.К,абули суз;бати некон агар най, боре Яке бикуш, зи х,амсух,батони бад бигрез.

Ч,омй тачрибаи бойи хаётй дорад. У инсонро ба рохи рост хидоят кардааст. Ш оир дар баробари мазаммати ашхоси дилсиёх, золиму бадкирдор, ба мардуми мехнатй, ба бечорагон

241

Page 242: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

мухдббати беандоза дорад. Ч,омй дар газали зер бечорагонро аз золимон химоят мекунад. Шоир ба золимон хитоб карда мегуяд, ки озор додани арбоби еафо, яъне одамони дилсоф, аз халк тамаъ хостани шумо кори бехирадон аст. Х,ар кореро, ки ба худ нолоику нохуб донед, онро ба дигарон низ раво набинед, зеро дили мискинон мисли шиша нозук аст. Агар шиша шиканад, онро пайванд кардан мушкил мебошад:

Эй, дар ин кохи амонй ба гаму шодй банд,Бандаи нафси худй, даъвии озодй чанд?

Лаб ба х,ар туъма маёлой, ки дандон шиканад,Бар сари хони фуру моя зи полудаву к,анд.

Санги озор мазан бар дили арбоби сафо,К-омад осон шикани шишаву мушкил пайванд!

То писандида фитад таври ту, Чомй, х,амаро,Хар чй бар худ маписандй, дигаронро маписанд.

Ч,омй он касро инсони комил мешуморад, ки мехнат мекунад ва бо мехнати халоли худ зиндагй менамояд. Вай ба одамони хушомадгу, коргурез ва муфтхур нафрат дорад. Аз ин чост, ки Ч,омй одамонро ба нигох доштани шарафи инсонии худ даъват кардааст. У дар ин байти газалаш касеро, ки аз пайи молу мулк шабу руз дар такопуй аст, мазаммат намудааст ва онхоро ба каноат, ба рохи хак, ба тоату ибодат хидоят кардааст:

Чомй, ба мулку молу ба х,ар сифла дил мабанд,Кунци фарогу ганци цаноат туро бас аст.

Дар газали дигараш шоир кашидани озори миннати дунон, сифлагонро нафратовар ва беномусй хисоб мекунад. Бинобар ин бо ками худ каноат карданро авлотар мешуморад:

Чомй, зи хони ризк, чу ноне кифоят аст,Озори бори миннати дунон чаро кашам?

Шоир дар газалиёташ ишки Аллох, ва баъдан ишки поки инсониро сурудааст. Бесабаб нест, ки шоир «Кори Ч,омй ишки хубон аст», - мегуяд. Адиб гохе аз дидори ёр шоду масрур

242

Page 243: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

мегардад, меболад, ба хаячон меояд ва маъшукаи худро хамчун як бут парастиш мекунад:

Чомй, аз ман сацдаи тоат мацуй,Чун ман акнун пеши бут cap мондаам.

Барои он ки ёри махбуб хуршеди авчи кибриё аст, мегуяд шоир, - бе у зиндагй лаззате, саодате, максаде надорад. Еру махбуби кахрамони лирики Парвардигор мебошад:

Бар хоки pay чу соя фитодему уамчунон,Хуршеди авци кунгураи кибриёст4 ёр.

Кдхрамони лирикй аз руи лутфу зарофат руза гирифтани махбуби худ розй нест. Зеро ёри у мучассамаи олами зебоист ва руза уро бехолу бемадор, харобу логар мекунад. Аз ин чост, ки шоир аз ёри худ хохиш ва илтичо мекунад, ки руза нагирад:

Нашояд, эй мах;и хуршедрух, туро руза,Ки нест бар мах,у хуршед х,ец цо р у за ...Тани ту кох;аду цони х,азор сухтадил,Макун, макун, ки набошад туро раво руза.Басе намонд, ки созад чу мох,и нав борик Маро фирощи цамоли туву туро руза.

Ч,омй дар газали «Ид шуд» хамчун як ошики бебоку хиссиётпарвар намудор мешавад. Барои у дидори ёр ид аст. Шоир аз хама идхо (курбон, рамазон) хамон соату вактеро, ки ба дидори ёраш мушарраф шудааст, авлотар мешуморад. Албатта, ёри кахрамони лирикй Худой мутаъол аст ва шоир ишки уро сурудааст:

Ид шуд, х,ар кас зи ёре идие дорад х,авас,Иди мову идии мо дидани руи ту бас.Иди мардум дидани мах,, иди мо дидори ту,Хамчу иди мо муборак нест иди х;ец кас .

Дар ин газал хиссиёти ботинии шоир басо рангин ва зебо ифода ёфтааст. Ч,омй хангоми баёни матлаб аз санъати таносуби сухан, такрор, тавсиф ва тазод бо камоли махорат истифода

4 Кибриё - бузургй, азамат; авчи фалак.

243

Page 244: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

бурдааст. Такрор ёфтани калимаи «Ид», мукобил гузоштани «Ид» бо «Иди мардум» ба газал оханги зебо бахшидаанд, чозиба ва самимияти онро афзун гардонидаанд.

Дар газалиёти шоир табиат бо як зебоии нотакрори шоирона тасвир ёфтааст. Фасли бахор, тамошои бустон, шукуфтани гулхо умрро дароз карда, ба инсон руху мадори тоза мебахшанд ва бояд хар як фард аз зебоихо истифода барад. Чунин аст максади Ч,омй:

Мехиромад суи бустон шох;иди раънои гул,Меравад оби равон, то cap них,ад бар пои гул.Ёфт абр аз сим ришта, сузан аз зар сохт мех,р,То сабо дузад щ бои лутф бар болои гул.

«Хафт авранг» ва гаркиби он. Абдуррахмони Ч,омй на танхо дар сурудани жанрхои хурди лирикй мартабаи бузург дошт, балки дар эчод намудани достонхои хачман калони ишкй , ахлокй махорату истеъдоди комилро доро буд. У дар солхои охири хаёташ дар пайравии «Хамса»-хои Низомии Ганчавй ва Амир Хусрави Дехлавй 7 достони мустакил гуфтааст. Ба хамин тарик, микдори достонхои «Хамса» -ро зиёд намуда , ба 7 расондааст.

Ч,омй ин хафт достони худро ба хафт хазинаи пурганч, ба ситорахои Хафтдодарон монанд кардааст. Агар, мегуяд шоир, ин Хафтдодарон дар осмон шухратманд бошанд, ин хафт достони ман дар замин бо номи «Хафт авранг» макоми хоса доранд:

Ин хафт сафина дар сухан якранганд,В-ин хафт хазина дар гухар хамсанганд.Чун хафт бародаранд бар чархи баланд,Номи шуда бар замин ба «Хафт авранг»-анд.

Достонхои Ч,омй чи аз чихати бандубасту композитсия ва чи аз чихати тасвири вокеаву ходисахо аз достонхои Низомй ва Амир Хусрав фарки калон доранд. Шоир ба ин маънй ишорат намуда, изхор менамояд, ки бояд хар кас бо мехнати халоли худ зиндагй кунад, ном барорад. Дар офаридани асар низ бояд хамин тавр бошад. Вагарна, ба акидаи шоир, тири максуд харгиз

244

Page 245: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ба ниш он намерасад

Гавуар чу тавон зи кон гирифтан,Сустй бувад аз дукон гирифтан.Ч.ом аз кафи дасти хеш кардан,Об аз нами цуйи хеш хурдан...Бех, з-он, ки хурй ба косаи зар,Аз уавзаи социёни дигар.5

Ч,омй хурсанд аз он аст, ки ба Низомиву Амир Хусрав пайравй кардааст, вале асарх,ои у махсусиятхои худро доранд:

Хар су цуйе зи об ронам,Хам худ хурам об, х,ам хуронам.

Мусаллам аст, ки маснавихои «Силсилатуззахаб» ва «Саломон ва Абсол» тозаэчоданд. Панч достони дигар дар чавоби 5 достони «Хамса»- хои Низомии Ганчавй ва Хусрави Дехлавй иншо шудаанд. Инак, дар зер мувофики тартиби соли таълифашон дар бораи достонхои «Хафт авранг» ба тарики мухтасар маълумот хохем дод.

5 Достонхои Низоми ва Амир Хусравро дар назар дорад.

245

Page 246: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

1. «Силсилатуззахаб» («Занчирхои тиллой»), Ин маснавй аз се дафтар, яъне се кисми калон иборат буда, дар тули 17 сол, дар байни с о л х , о и 1468-1485 навиш та ш удааст. «Силсилатуззахаб» аз чихати хачм бузург буда, кариб 6200 байтро дар бар мегирад. Ин маснавии шоир бештар ба масъалахои некукорй, адлу дод, хизмат ба халк, мазаммати хислатхои бади инсонй: тамаъкорй, дуруггуй, инчунин танкиди ахли чох, суфиёну шайхони риёкор ва гайра бахшида шудааст.

Ч,омй барои таквияти фикраш аз хаёту зиндагии шахсони бузурги таърихй алокамандона хикояту латифахои намакини халкиро ба риштаи назм кашидааст.

Ч,омй инсонро аз хама чиз бузургтар мешуморад. Дар маснавии «Силсилатуззахаб» ва умуман, дар хамаи маснавихои шоир образи инсони комил, инсони захматкаш дар чои аввал меистад. Шоир дар бораи онхо бо як самимияту эхтиром сухан меронад. Ч,омй ба шохону хокимони зулмпеша нафрат дорад. Шоир халкро кувваи пуриктидори давлат хисоб мекунад. У ба хокимон хитоб карда чунин мегуяд:

Хак, нишондат ба тахти додгарй,То кунй пеши тегх;о сипарй.На ки худ теги хунфишон бошй,Офати цони ину он бошй.Адлро р у ба чархи волол кун,Зулмро дар тах,и адам2 цо кун.Дасти золим агар наёрй бает,Ки наёрад ба кори халк, шикает.Бар цауон ишх,риёр уст, на ту,Сох,ибш ицтидор уст, на ту.

Дар маснавй хикояхои вокеие, ки аз хаёту зиндагии инсонхо гирифта шудаанд, хеле зиёданд. Хрло барои мисол аз дафтари саввуми «Силсилатуззахаб» хикояти «Пиразане, ки рох бар Санчар гирифта ва додхохй кард» - ро меорем.

Пиразане дар шахри Марв зиндагй мекард. Умраш кариб ба сад расида буд. Вай чор фарзанди ятим дошт. Зиндагиаш

1 Воло - баланд, ба авчи аъло.2 Адам - нести, фано.

246

Page 247: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

них,оят бо факири мегузашт. Бо пораи ноне ахли оила каноат мекарданд. Чунончи:

Хуфта дар хонаам се-чор ятим,Дилашон ба^ри ним нон ба ду ним.

Як руз он се-чор ятим орзуи ангур мекунанд. Пиразан барои хохиши фарзандонашро ба чо овардан ба дехи хамсоя меравад. Одамони дех ба пиразан як сабад ангур медиханд. Вале дар рох ду сипохии шох аз кучое пайдо шуда, пиразанро мезананд ва сабади ангурашро горат мекунанд.

Пиразан гирёну нолон ба назди шохи замон Санчар меояд ва аз кирдори сипохиён шикоят огоз мекунад:

Як-ду бедодгар зи лашкари ту,Дар рах;и цахру зулм ёвари ту,Ба мани хаста горат оварданд,Сабадам з-орзу тихи карданд.

Дар охир чои гиряву лобаи пиразанро хашму газаб фаро мегирад. Вай хитоб карда ба шох мегуяд:

Ин чй шохиву мамлакатдорист,Дар дили халк, тухми гамкорист?Даст аз адлу дод доштай,Золимон бар цахон гумоштай!Чаиш бикшо чу окибатбинон,Бинигар холи зори мискинон.

Суханхои охирини пиразан ба шоху шохзодагони давраи темурй равона карда шудаанд. Дар ин замон шохзодагон ба айшу нуш дода шуда, халкй бечора аз дасти одамони онхо азобу ранч мекашид. Дар ин чо Ч,°мии бузург суханхои нафратомези худро ба шохони замонааш аз номи пиразани мазлум баён кардааст.

2. «Саломон ва Абсол». Ин достон соли 1480 ба анчом мерасад ва аз 1110 байт иборат аст. Мавзуи асосии достон ситоиши ишки илохй буда, дар зимни он ба тарики рамз бисёр масъалахои ирфонй ва пандуахлокй баён шудаанд.

3. «Тухфатулахрор». Ин достон дар пайравии достони

247

Page 248: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

«Махзануласрор»-и Низомй ва «Матлаъуланвор»-и Хусрави Дехлавй соли 1481 иавишта шудааст. Дар ин бора Ч,°мй чунин мегуяд:

Субуи тараб «Матлаи анвор»-и уст,Цайби адаб «Махзани асрор»-и уст.

Хачми маснавй 1712 байтро ташкил медих,ад. Вай аз чихати мазмун ва сабки нигориш ба «Махзануласрор» хеле наздикй дорад. Аз чумла, монандй асари Низомй маснавй аз хамду муночот шуруъ гардида, пас аз он 20 макола ё боб меояд. Ин бобхо ба мавзуъхои мухталифи ирфонй, яъне пайдоиши оламу офариниши одам ва Faftpa бахшида шуда, инчунин олимони беамал, суфиёни риёкор, шоирони тамаъкор мазаммат карда мешаванд.

4. «Сабхатулаброр» («Донахои некукорон»). Ч,омй дар ин маснавй бештар ба масъалахои фалсафиву динй ахамият додааст. Вай аз 2885 байт иборат буда, соли 1482 таълиф шудааст. «Сабхатулаброр» аз мукаддима, кисматхои анъанавй, 40 икд ё фасл ва хотима таркиб ёфтааст. Шоир дар бисёр фаслхои асараш шохони вактро ба некукорй, адолатпарварй даъват кардааст. Дар асар тамсилхои ахлокй бештар оварда шудаанд. Ин асар ахамияти калони таълимию тарбиявй дорад.

5. «Юсуф ва Зулайхо». Достони мазкур дар соли 1483 навишта шуда, чавоб ба достони «Хусраву Ширин»-и Низомии Ганчавй мебошад. Вай аз 4000 байт иборат аст. Мавзуи достони шоир ишк буда, яке аз маъруфтарин асархои Ч,°мй ба хисоб меравад. Достони «Юсуф ва Зулайхо» ба эчодиёти адибони минбаъдаи Шарк таъсири калон расондааст.

6. «Лайлй ва Мацнун». Ин достон соли 1484 ба итмоммерасад ва дорой 3860 байт аст. Цомй достони худро дар цавоби «Лайлй ва Мацнун» -и Низомии Ганцавй сурудааст. Мавзуи достон ишк, аст.

7. «Хирадномаи Искандарй». Достони охирини «Хафт авранг»-и Ч,омй ба шумор меравад.

248

Page 249: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ДОСТОНИ «ЮСУФ ВА ЗУЛАЙХО»

Достони маъруф ва овозадори Абдурахмони Ч,омй маснавии «Юсуф ва Зулайхо» махсуб шавад. Ин достон дар пайравии достони «Хусраву Ширин»-и Низомии Ганчавй эчод шудааст. Адиб ба хамин маънй ишорат намуда чунин мегуяд:

Кух,ан шуд давлати Ширину Хусрав,Ба ширинй нишонам Хусрави нав.Чу тутй табьро созам шакархо,Зи хуни Ю суфу иищи Зулайхо.

Достони «Юсуф ва Зулайхо» аз мукдддима, кисмати асосй ва хотима иборат аст. Он дар бахри хазачи мусаддаси махзуф ё максур иншо гардидааст, ки рукнхои он ба тарики зайланд:

V - - - / V - - - / V- -V — /V — / V- -Ма- фо-и - лун, ма- фо- и- лун, ма- фо-ил

Агар яке аз хамин байтхои болоро ба порчахои тараннумй кисмат кунем, накдни болоро дода метавонанд. Хамин тавр, дар як байт чор маротиба мафоилун ва ду бор мафоил такрор ёфтааст, ки онхо рукнхои бахри хазачи мусаддаси максур мебошад.

Сужети достон хеле кадимист. Наклу ривоятхои зиёд дар бораи Юсуф ва Зулайхо хануз пеш аз иншои китоби мукадцаси яхудиён (исроилихо) «Таврот» дар байни эшон пайдо шуда буд. баъдтар ба «Таврот» ворид гардид ва оханги динй пайдо кард. Пасон ба китоби «Инчил»-и Исои Масех ва, нихоят, ба «К,уръон»-и Мухаммади Мустафо бо тагйирхои зиёд ворид гардид. Масалан, дар «Куръон» сураи XII бо номи «Юсуф» омадааст. Сарчашмаи асосии достони Ч,омй хам хамин сураи «К,уръон» аст.

Достони «Юсуф ва Зулайхо» соли 1483 эчод шуда, ба подшохи замон Хусайни Бойкаро (1470-1507) бахшида мешавад. Он шомили чор хазор байт аст.

Аз мазмуни достон бармеояд, ки бисёр эпизодхое, ки дар сураи «Юсуф» омадааст, Ч,омй онхоро сарфи назар кардааст. Масалан, хаёти Юсуф дар Канъон, дар назди падараш Я ькуб, мехру мухаббати Яъкуб нисбат ба Юсуф ва аз дигар фарзандон

249

Page 250: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

боло гузоштани Юсуф, ба сафар уро хдмрох, гирифтани бародарон, Ю суфро ба сардори корвониён фурухтани бародарон ва Юсуфро ба Миср овардани Молик ва уро харидорй намудани Азизи Миср ва Зулайхо, ишки байни онхо ва дигар эпизодхои марбути байни онхо дар достон бо тарзи бадей, бо обуранги шоирона дода шудаанд. Вале Абдурахмони Ч,омй аз эпизодхои ба падар дуруг гуфтани бародарон дар бораи гург Юсуфро хурдан, либосхои хунолуди Юсуфро бо гург назди Яъкуб овардани бародарони Юсуф, ба сухан омадани гург ва бегунохии хешро баён кардани у, нобино шудани Яъкуб аз гами Юсуф, хангоми кахтй дар Миср вохурдани Юсуф бо бародарон, овардани куртаи Юсуфро ба Каньон ва молидани ону шифо ёфтани чашмони Яъкуб дар достон сарфи назар шудаанд. Умуман, пас аз он ки Юсуф бо бародаронаш аз назди падар рафт, дигар дар достон амалиёти Яъкуб хам катъ гардид. Молики корвон Юсуфро ба бозори Миср бурда, дар маърази савдо мегузорад. Юсуф, ки хусну чамоли беназир дошт, нархаш хеле баланд гардид. Касе кудрати харидани уро надошт. Хатто Азизи Миср зураш ба харидани Юсуф нарасид. Зулайхо махз дар хамин лахзахо ба достон ворид мегардад. У духтари шохи Магрибзамин Таймус буд ва зару зевар, лаълу ёкути зиёд аз падар ёдгор дошт. Хамаи онхоро ба Молик доду Юсуфро харид ва ба касраш бурд. Хост, ки ба коми дил бирасад ва Юсуфро ба ин кор мачбур кард, вале Юсуф пок бимонд. Баъд уро тухмат карду ба зиндонаш нишонд. Азизи Миср - шавхари Зулайхо нахуст бовар кард, вале баъд фахмид, ки Юсуф пок аст ва дар хакки у Зулайхо тухмат намудааст.

Хамин тавр, чанд сол Юсуф дар зиндон хобид. Зулайхо аз ДУР УР° наззора мекард ва гуё ишкашро таскин медод. Юсуф нихоят ба чон расида, хакикатро ба Азизи Миср гуфт:

Бад-у гуфт: «Эй Азиз, ин доварй чанд?!Гунох,е не, бад-ин хорим мапсанд.Зулайхо х,ар чй мегуяд, дуруг аст,Дуруги у чароги бефуруг аст».

Дигар, Зулайхо низ ба гунохи худ дар назди шавхар икрор мешавад. Бинобар ин, Азиз Юсуфро аз зиндон рахо намуда, зиёда аз ин, ба чойи хеш подшохи Миср мегардонад. Солхо

250

Page 251: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

сипарй мешаванд. Зулайхо хдм дар ин давр дар шахру дех, с а р г а р д о н мегардаду менолад ва нихоят пир мешавад. Юсуф боре дар рох,и бозгашт пирзоли фартутеро мебииад, ки у хдм нобиносту хдм гадо. Рах,маш меояд ва ба ходимонаш мефармояд, то ин пирзолро ба дарбор биёранд, Юсуф аз нигох,и шафкат ва одилии хеш нисбати у гамхорй мекунад. Ба Юсуф пирзол окибат худро мешиносонад. Ва аз Юсуф илтичо мекунад, ки чавонияшро баргардонад. Зулайхо ба дастури нахуст бармегардад, чавон мешавад:

Чамоли мурдаашро зиндагй дод,Рухашро хилъати фархундагй дод.

Зулайхо пас аз ин аз Юсуф хохтпн кард,ки уро ба занй бигирад. Юсуф андак сабр бинмуд ва Худованд ба воситаи Чабраил амр намуд, то ба гуфтаи Зулайхо розй шавад. Хамин тавр, онх,о ба мурод расиданд. Зулайхо, ки аз нахуст бутпараст буд, аз бутпарастй даст мекашад ва бути дар каср будаи худро мешиканад ва Исломро кабул менамояд. Онхо бо хдм 22 сол зиндагй мекунанд ва сохиби фарзандони зиёд мешаванд. Боре Юсуф дар хоб падару модарашро мебинад, ки уро ба наздашон даъват мекунанд. Рузи дигар Юсуф вафот мекунад. Зиндагии Зулайхо пас аз ин дар ибодатгох, мегузарад. Гаму дарди Юсуф корашро кард ва них,оят Зулайхо хдм чон медихдд. Чунин аст мазмуни мухтасари достон.

ТАХЛИЛИ НАЩИХОИ АСОСИИ ДОСТОН

Достони «Юсуф ва Зулайхо» аз нигохи сарчашмах,ои пайдоиш ва наклу ривоятх,ои мардуми яхудй ва, махсусан, сураи «Юсуф» -и «Куръон» динист, дар он ишки илох,й ситуда шудааст. Ин гоя дар симои Юсуф - писари Яъкуби пайгамбар инъикос ёфтааст. Яъкуб медонист, ки фарзанди хурдиаш Юсуф оянда пайгамбар мешавад, бинобар ин аз нахуст уро аз фарзандх,ои дигараш боло гузошт. Барои у аз Бихишт асо овард. Ин бошад, хашму газаби фарзандони дигарашро зиёд намуд. Аммо вакте ки бародарон Юсуфро бурданд ва боз уро ба назди падар барнагардонданд, Яъкуб дигар коре накард ва хамин тавр

251

Page 252: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

дар достон амалиёти у катъ гардид аз ин нигох накши Яъкуб чун дар «Таврот», «Инчил» ва «Куръон» муаассир нест. Ч,омй дар достон ба накши Юсуф бештар таваччух намудааст ва андешахои ирфонии хешро дар симои у ба калам додааст. Юсуф сохибчамол аст, хусни расо дорад, ки ба у ин хусну чамолро Худованд додааст. Ана хамин хусну чамол сабабгори ба вучуд овардани амалиётхои зиёди достони шоир гардидааст. Дар достони Ч,омй Юсуф ба чуз мухаббат ба Худо дигар мурод надорад ва хамаи амалиёте, ки дар у зохир шуд, ба ин тобеъ хастанд. _Ч,°мй дар симои Юсуф марди рохи Худоро нишон додааст. У бисёр хислатхои начиби инсонй дорад. Мухимаш он аст, ки гуфтори нек, рафтори нек ва кирдори нек дорад. Юсуф пок аст ва то охир ба покй дар рохи Хак содик мемонад. У ба рохи бад нарафт, ба зани Азизи Миср Зулайхо хиёнат накард. Агарчи дар ин рох азобу маш аккат кашида бош ад хам, покизагиро нигох дошт. Хатто дар охир, вакте ки Азизи Миср вафот карда бошад хам, ба у то аз Худо амр нашуд, ба Зулайхо издивоч накард. Гузашта аз ин, ба воситаи ин накш Чрмй нишон додан хост, ки марди рохи Х ак, покдоман, накукор, саховатпеша, инсондуст, хайрхох ва бомаърифат мешавад. Вакте ки ба чойи Азизи Миср подшох шуд, барои мардуми кишвар дари хайру саховат ва адолатро кушод. Омадани соли кахтиро амри Худо донист ва дар сари вакт тадбири ин корро чует ва раиятро аз ин балои гуруснагй рахонид. Ба халк хайру саховат намуд.

Хатто ба тадбирхои маккоронаи Зулайхо тан надод. Зулайхо ба канизонаш фармуд, то Юсуфро аз рох зананд. Аммо ба мурод нарасид. Юсуф ин кори нопокро накард ва пок буду пок монд. Юсуф дар достон хамчун шахеи мехнатдуст ва хоксору фурутан тасвир ёфтааст. Ин хисоли начиб хангоми ичро кардани корхои чупонй ва дигар хизматхои дар дарбори Азизи Миср кардаи у баръало намудор гардид. Марги Юсуф чанбаи динй дорад. Юсуф хама корхои мухимро дар рохи Аллох кард, ба инсонхо нишон дод, ки хар як фард, хох шох бошаду хох гадо, бояд дар рохи Хак кадам нихад, устувор бошад ва содикона, хамчун бандаи вафодору содик хизмат намояд. Юсуф чун дид, ки хама корхо ба некй ба сомон расиданд, дигар орзую ормон дар дилаш намонд ва аз Парвардигор хохиш кард, то чонашро

252

Page 253: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ситонад. Хулоса, пок омаду пок рафт, бо ишки Аллох, омаду бо ишкд Аллох, рафт. Аз назари шоири бузург Абдурахмони Ч,омй инсон бояд нисбати холики худ хамин тавр бошад, хамин тавр кору зиндагй намояд, хамин тавр дар рохи Хак со дик, бимонад ва, нихоят, хамин тавр бо ишки саршор ва поку беолоиш нисбати Худой азза ва чалла чон дихад.

НАКШИ ЗУЛАЙХО

Зулайхо дар достони шоир макоми хоса дорад ва хеле накши мураккаб хам аст. Дар огози достон хамчун накши манфй амал мекунад, вале дар анчоми достон накши мусбатро бозидааст. Умуман, барои типй баромадани симои кахрамон ва кушодани дунёи ботинии Юсуф ин накш хизмат кардааст. Зулайхо духтари дустдоштаи подшохи Магрибзамин аст. У дар хамин хонадон тарбия ёфтааст. Зулайхо чун ачдоди худ ба оини бутпарастй муътакид буд ва чун ба Миср омад, ва завчаи Азизи Миср гардид, бо худ бутеро низ овард. У чун Юсуфи сохибчамолро дид, ошики зораш шуд ва хамаи роху воситахоро истифода бурд, то ба муроди дил бирасад. Мухаббати у нисбати Юсуф бисёр самимй буд. Вале дар ин чода харчанд саъю талош варзид, комёб нашуд. Ин холатхои рухиро шоир ба ин тарз ба калам додааст.

Худоро, эй фалак, бар ман бубахшой!Ба руйи ман даре аз мех,р бикшой.Агар нащй ба каф домони ёрам,Гирифторам касе дигар надорам.Вале чун буд дар сурат гирифтор,Нашуд дар аввал аз маънй хабардор.Зулайхо васлро мецуст чора,Вале мекард аз он Ю суф канора.Зулайхо бах;ри як дидан уамесухт,Вале Ю суф зи дидан дида медухт.

Зулайхо дар рафтй ходисаю вокеъахои асар аз кору рафтор, аз ишки поки инсонй даст кашида, ба дарёфти ишки илохй мерасад. Зулайхо ба хулосаи дуруст омад ва дар охир ислох шуд. Аммо адиб нишон додааст, ки рохи дарёфти Хак душвор аст. Зулайхо дар ин рох нобино, зору низор ва пири барчомонда

253

Page 254: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

шуд. Ба хар хол ба мурод расид. Нахуст Юсуф Зулайхоро нашинохт, аммо пас аз сухбат, саволу чавоб дарк кард, ки пирзоли иаздаш истода хамон Зулайхои зебою барност, хамон Зулайхоест, ки ба муроди дилаш нарасидааст. Таваччух намоед ба гуфтугузори онхо: Юсуф ба ин пиразан назар карда, аз у мепурсад:

Бигуфт: «Онам, ки чун руи ту дидам,Туро аз цумла олам баргузидам.Фшиондам ганчу гавуар дар бауоят,Дилу чон вак,ф кардам дар уавоят.Чавони дар гамат барбод додам,Бад-ин пирй, ки мебинй, фитодам».Бигуфто: «Ку чавонию чамолат?»Бигуфт: «Аз даст шуд дур аз висолат».Бигуфто: «Хам чаро шуд сарви нозат?»Бигуфт: «Аз бори уачри чонгудозат».Бигуфто: «Чашми ту бенур чун аст?»Бигуфт: «Азбаски бе ту гарк,и хун аст».

Ч,омй дар накши Зулайхо чй хел ба куллаи мурод, ба Хдк расиданро нишон дода, гуфтанист, ки тай кардани зинахои камолоти инсонй ва фатхи куллаи мурод рохи басо душвор аст. Сабру тахаммул, ранчу озори зиёд мехохад. Агар инсон токат кунад ва дар ин рох саъю талош намояд, албатта, мисли Зулайхо матлабаш хосил хохад шуд.

Бубииед, дар ифшои ин андешахо, баёни холатхои рухй ва чисмонии кахрамонони асар шоир чй кадар захмат кашида, шоирона ин вазъро тасвир намудааст. Дар намунаи боло санъатхои саволу чавоб, таносуби сухан, тазод бисёр нишонрас табий ва хотирмон омадаанд. Ба ин восита пеши чашми хонанда чахони ботинии кахрамонон ба тарзи амик чилвагар мешавад. Аз тарафи дигар. ин муколама саволу чавоби Хусраву Фарходро аз достони «Хусраву Ширин»-и Низомии Ганчавй пеши назар меорад ва хонанда ба хулосае меояд, ки ин ду адиб дар сухангустарй, хунари шоирй дасти тавоно доранд.

Дар анчом чун Юсуф аз хакикати холи Зулайхо вокиф гардид, дилаш сухт ва аз у пурсид, ки чй хохиш дорй? Зулайхо чавоб медихад ва аз у ду хохиш мекунад. Нахуст, хамон хусну

254

Page 255: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

чамол, хдмон чавониамро баргардон ва дувум маро ба никохдт дарор. Бо амри Парвардигор ин ду дархостро Юсуф ичро мекунад. Акнун Зулайхо хам ба Х,ак расид ва дар ин чода ба Юсуф баробар шуд. Аз ин нигох хам накши Зулайхо ибратомуз аст.

Дар достон накшхои дувумдарача ба мисли падари Юсуф Яъкуб, падари Зулайхо Таймус, бародарони Юсуф, Азизи Миср ва дигарон низ омадаанд. Кору амалиёти хамаи онхо дар достон барои боз хам барчаста баромадани накшхои асосии достон - Юсуф ва Зулайхо хизмат кардаанд. Инчунин, барои бехтару аниктар инъикос намудани максади нависанда, гояи асар накши мухим бозидаанд.

ДОСТОНИ «ХИРАДНОМАИ ИСКАНДАРИ»

Фарки асари Ч,омй аз дигар «Искандарномах,о». Искандар дар адабиёти чахонй яке аз образхои барчаста ба хисоб меравад. Дар бораи хаёту зиндагй ва кору амалиёти Искандари таърихй, ки дар солхои 356-323 то мелод дар Юнони кадим умр ба cap бурдааст, асархои зиёди таърихй ва адабй офарида шудаанд. Дар адабиёти форс-точик аввалин шоире, ки дар бораи Искандар асар эчод кардааст, Абулкосими Фирдавсй мебошад. Вай дар кисмати таърихии «Шохнома» чангу хунрезихо, забту лашкаркашихои Искандарро хеле батафсил хикоят мекунад. Фирдавсй Искандарро хамчун шохи горатгар, золим ва забткор, ки дар хакикат хамин тавр буд, нишон додааст. Ин хусусият дар «Искандарнома»-и Низомии Ганчавй низ ба назар мерасад. Дар асари Низомй Искандар шохи кишваркушо, далеру шучоъ ба калам дода шудааст.

Ч,омй дар эчод намудани достони «Хирадномаи Искандарй» ба Низомй ва Амир Хусрав пайравй кардааст. Вале аз достонхои дар боло номбурда фарки калон дорад. Агар дар «Шохнома» ва «Искандарнома» харбу зарби майдони чанг, катлу горат, кахрамонию фидокории Искандар дар чои аввал бошад, дар достони Ч,омй «Хирадномаи Искандарй» хирад, аклу заковати инсони хирадманд мавкеи асосиро ишгол менамояд. Дар асари Ч,омй Искандар на хамчун шохи хунхору истилогар, на хамчун

255

Page 256: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

шохи кишваркушо, балки хамчун шохи бомаърифату хирадманд тасвир ёфтааст. Аз ин чост, ки Ч,омй ба достон номи «Хирадномаи Искандарй»-ро гузоштааст.

Асари Ч,омй низ мисли достонхои дар боло номбурда дар бахри мутакориби мусаммани махзуф эчод шудааст. Достон аз 2315 байт иборат буда, соли 1485 ба анчом мерасад.

СУЖЕТИ АСАР. Пас аз баёни бобхои анъанавй - наъту муночот кисмати асосии достони «Хирадномаи Искандарй» шуруъ гардидааст. Файлакус3 подшохи Юнонзамин дар айёми пиронсолиаш писардор мешавад. Уро Искандар (Александр) меноманд. Файлакус Искандарро ба тарбияи Арасту4 медихад. Арасту ба Искандар илмхои гуногунро пурра меомузад. Файлакус дар назди олимони бузург аз писараш имтихон мегирад. Искандар аз имтихон бо сарбаландй мегузарад. Падараш хурсанд мешавад. Баъд аз ин Файлакус аз Арасту хохиш мекунад, ки барои пеш бурдани давлатдории Искандар хирадномае нависад. Арасту хирадномаро ба анчом мерасонад. Дар ин айём Файлакус вафот мекунад. Искандар ба маснади шохй менишинад. Баъди ин дар достон хирадномахои олимони бузург Арасту, Афлотун (Платон), Сукрот (Сократ) ва боз чор донишманди дигар оварда мешаванд. Ин хирадномахо бештар характери тарбиявй доранд. Пас аз хар хираднома Ч,омй барои тасдики фикраш аз хаёти шахсони бузург саргузаштеро накл намуда, инчунин хикояхои тамсилй меорад. Мазмуни хикояхои овардашуда ба хирадномахо сахт алокаманд мебошад.

Дар давраи хукмрониаш Искандар рохи адлу додро пеш мегирад. У ба мамлакатхои гуногуни Fap6y Ш арк лашкар кашида, онхоро забт менамояд ва шахрхо бино мекунад. Ба Хитой рафта, бо хокон сулх мебандад ва аз у дар бораи каноату шикастнафсй панди судманд мегирад. Аз он чо ба Хиндустон лашкар кашида, бо барахманон (донишмандони Хинд) вохурда, сухбат менамояд. Баъд у ба шахре мерасад, ки дар он шахр на шох хасту на гадо. Хама баробар ва бародарона зиндагй мекунанд. Зулму истисмор тамоман нест. Искандар хеле

3 Файлакус - Филиппи II, подшохи Юнон, соли 336 пеш аз мелод ба катлмерасад.4 Арасту -Аристотолис - Аристотел, файласуфи машхури Юнони кадим.Дар байни солхои 384 - 322 пеш аз мелод умр ба cap бурдааст.

256

Page 257: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

мутаассир мешавад. У аз одамонаш чудо шуда, ба кухи Коф меравад. Аз он чо пас гашта, рохи ватанро пеш мегирад. Вале хангоми бозгашт дар биёбоне вафот мекунад. Дах нафар хаким И скандарро ба некй ёд мекунанд. Пас тобуташ ро ба Искандария, ба назди модараш меоранд ва хакимон ба модари Искандар таъзияномахо менависанд. Бо хамин достон ба охир мерасад.

Идеяи шохи одил ва маърифатпарвар. Аз сужети достон чунин ба назар мерасад, ки Искандар аз рузе, ки ба сари тахт нишаст, дар кишвар адлу адолатро баркарор намуд. Сониян, ба хар мамлакате, ки мерафт, барои ободию осудагии мардуми он саъю кушиш мекард, шахрхои нав месохт. Аз ин чихат достони Ч,°мй ба маснавихои шоирони гузашта то андозае шабех аст. Ба акидаи Ч,омй танхо шохи донишманд одилу халкпарвар мешавад. Искандар хам марди фозил ва хирадманд буд. У мамлакатро аз руи хирадномахо, ки онхоро файласуфон навишта буданд, идора мекард. Дар ин чо адиб роли хирадро баланд бардоштааст. Ч,омй ба хамин маънй ишорат карда мегуяд:

Кунун кардаам пушти уиммат цавй,Диуам маснавиро либоси навй.Кууан маснавщои пирони кор,Ки мондаст аз он рафтагон ёдгор,

А гарчи равонбахшу цонпарвар аст,Дар ашъори нав лаззати дигар аст.Ба як силк хоуам чу гав у ар кашид Хирадномауо, к-аз Сикандар расид.

Хираднома з-он ихтиёри ман аст,Ки афсонахонй на кори ман аст.Зи асрори уикмат сухан рондан,Бех; аз к,иссах,ои кууан хондан.

Идеяи шохи одил аз эчодиёти даханакии халк сарчашма мегирад. Дар чамъияти гуломдорй ва феодалй мардуми одцй хамеша аз шохону хокимони вакт зулму бедодй медиданд. Бинобар ин, орзу мекарданд, ки шохон одил ва адолатпарвар

257

Page 258: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

бошанд. Ин танхо як орзую хаёли хоме буд, ки халк дар осораш, дар зимни наклу ривоятхо, афсонаву киссахо ифода кардааст. Бояи шохи одил аз эчодиёти даханакии халк ба асархои шоирони бузурги мо дохил гардидааст. Ч,омй бошад, ин идеяро дар симои Искандари таърихй нишон додааст. Искандари Ч,омй марди фурутан ва фозилу доност. Хангоме ки падараш вафот мекунад, мисли бисёр шохзодагони темурй - Бадеуззамон, Ёдгормирзо, Халилсултон, Абусаид, Абдуллатиф ва дигарон барои чоху мансаб талош накарда, хуни бародару падарро нарезонда, ба тахти шохй наменишинад. У ба халк мурочиат карда мегуяд, ки ман даъвои подшохй надорам. Хар касеро кабул кунед, ихтиёр доред. Ман хам мисли шахрвандони ин кишвар хастам, бартарие надорам:

Надорам зи кас пояи бартарй,Ки бошад маро вояи5 сарварй.Зи хайли шумо ман яке дигарам,Хаёли сарй нест андар сарам.Маро бо шумо нест рои хилоф,Аз ин тирагй дорам оина соф.Бицуед аз бахри худ мех,таре,Карампарваре, маъдалатгустаре6.Бувад бо раоё1 х,ама чарбу нарм,Нигах,дори эшон зи ;\ар сарду гарм.

Аммо халк аз Искандар дида шахси лоику арзандаро наёфта, худи уро ба маснади шохй даъват менамояд:

Ки: «Шох;о, сару сарварй мо туй!Зи шох,он хамин мехтари мо туй».

Искандар, хангоме ки ба тахт менишинад, касам ёд мекунад, ки харгиз аз рохи адолат намегардад:

Зи ил^оми адлам кунад бахраманд,Наяфтад ба чуз адл хецам писанд.

5 Воя - хочат, мурод.6 Маъдалатгустар- адолатпарвар, боинсоф.7 Раоё - раият, халк.

258

Page 259: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

У танхо як максаду як орзу дорад:Районам зи гам уар гамандешро,Кунам маруаме уар дши решро.Чу шоу аз раият бувад комхоу,Гадо бошад андар уацщат, на шоу!

Чомй дар баёни ин масъала, яъне интихобй будани шох нисбат ба гузаштагон ва хамзамононаш кадами чиддие ба пеш ниходааст.

Абдурахмони Ч ° мй лоики подшохй хамон шахсеро медонист, ки бомаърифат, донишманду хирадманд бошад. Илова бар ин, шох дар идора кардани давлат бояд бо хакимон ва фозилон машварат кунад. Зеро:

Зи дониш шавад кори гетй ба соз,Зи бедонишй кор гардад дароз.Агар шоу и даврон набошад уаким,Бувад дар уазизи8 цауолат муким.

Идеяхои шохи одилу бомаърифат дар достон узван бо хам алокаманданд. Онхо якдигарро инкишоф ва такмил медиханд. Зеро, хангоме ки мо шохи одил мегуем, хамоно хирад, дониш пеши назар меояд. Шох, ба акидаи Ч°мй, харгиз бе донишу хирад одил шуда наметавонад. Хатто модари шох дар анчоми достон ба хирадмандон изхори миннатдорй мекунад. Чунки махз дар натичаи тарбия ва бо маслихату машварати онхо Искандар шохи одилу адолатпарвар шудааст:

Зи анфосатон гашт уал мушкилам,Ба саруадди цамъият омад дилам.Дар ин нилгун кохи минонамо,Ч,ауон цумла куранду бино шумо.Чауон аз шумо матлаи9 нур бод В-аз он нур чашми бадон дур бод!

Чомй дар «Хирадномаи Искандарй» ба шохону хокимони золими замонааш мурочиат карда, онхоро ба адлу дод даъват менамояд:

8 Х азиз-пасти.9Матлаъ - т у л у ъ го х ,, 40 и баромадан

259

Page 260: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Цах,онподшохо, дар инсоф куш,Зи цоми адолат майи соф нуш.Ба инсофу адл аст гетй ба пой,Сипоте чу он нест гетикушой,Агар мулк хо%й, ра.\и адл пуй,В-агар не, зи дил он х,авасро бишуй.

Адиб аз подшохони замонааш талаб мекунад, ки онхо хдм мисли Искандар одил ва раиятпарвар шаванд ва аз кору рафтори у ибрат гиранд.

Пайдоиш ва ташаккули идеяи «чамъияти хаёлй» дар адабиёти шифохй ва китобй

Достони «Хирадномаи Искандарй» ва бевосита идеяи чамъияти хаёлй дар кохи мухташами адабиёти хазорсолаи форсу точик ва, умуман, адабиёти чахонй хамчун намунаи олии аклу хиради инсон макоми босазо дорад.

Ин идея ба рузгори инсонхо нуру зиё, хираду маърифат бахшида, дили онхоро ба хаёти хушбахтона гарм намудааст.

Идеяи чамъияти хаёлй аз эчодиёти дахонакии халк сарчашма гирифтааст.

Хануз аз замонхои кадим халкй бечора дар бораи зиндагии хушбахтона, чамъияти бесинф наклу ривоятхои зиёде эчод карда буд. Халк шохи одилу чамъияти озодро орзу мекард. Пас, хангоме ки хат пайдо мешавад, ровиён ва нокилон онхоро чамъ намуда, ба шакли китоб медароранд. Дар солномахо, асархои ахлокй ва динй ин наклу ривоятхо бо тафсилоту тагйирот дохил мегарданд. Яке аз хамин гуна асархо, ки таърихи кариб сехазорсола дорад, «Авесто» мебошад. «Авесто» китоби мукадцаси дини зардуштист. Дар он асо гир ва наклу ривоятхо фаровон омадаанд.

Дар бисёр наклу ривоятхое, ки дар «Авесто» оварда шудаанд, муборизаи ду кувва - бадй ва некй инъикос ёфтааст. Кувваи бадй Ахриман ва некй Ахура Маздо мебошанд. Ба хамин тарик, муборизаи Ахриману Ахура Маздо композитсияи умумии наклу ривоятхоро ташкил медиханд. Ахура Маздо ба фариштахои осмонй ва дар замин ба Йема - шохи одилу окил сардор ва рохнамо буд. Боре Ахура Маздо хамаи фариштахо,

260

Page 261: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

аз чумла Йемаро даъват намуда огох, менамояд, ки ба наздикй зимистони сахт мешавад, барфи зиёд меборад ва аз барфу туфон хама ба зери об мемонанд, олами набототу хайвонот ва инеонхо хам нест мешаванд. Аз ин хотир дар баландихо, дар чойхои мувофик барои хайвоноту наботот панохгоххо, барои одамон манзил сохтан даркор. Пас аз ин аз наботот навъхои хушсифату бечирм, аз хайвонот чуфтхои хубу хушзот ва аз инеонхо танхо чуфтхои поку некусиришт, бофаросату хубруй, хушахлоку мехнатдуст, далеру шучоъро хоста гирифтан мухим аст. Аз инсонхои дуруя, фосику коргурез, зиштруй иархез бояд кард. Ашхоси интихобшуда хам зохиран ва хам ботинан бояд зебо бошанд.

К,исмати аввали ривоят бо он поён меёбад, ки Йема супориши Ахура Маздоро ба чо оварда, одамону набототу хайвоноти интихобкардаро аз хунукию туфон эмин нигох медорад. Пас аз ин давраи дуюм огоз меёбад. Ин «давраи тиллой» гуё хазор сол давом кардааст. Дар ин муддат баробарию бародарй асоси чамъиятро ташкил медод. Дигар одамон намемурданд, зулму истисмор набуд, яъне хамон ашхоси бехтарин дар ин давра кишварро обод намуданд. Масалан, дар кисмати «Вандидод» дар ин бора гуфта шудааст:

Агар давраи Йемаи уукмрони боцудрат намешуд,На хунукии сахт, на гармои сузон, на офат,Дар он на пирй буд, на мурданВа на рашку уасаде, ки дев ба вуцуд овардааст.

Аммо Йема аз ин муваффакиятхо саргаранг мешавад, дигар ба суханони Ахура Маздо гуш намекунад ва даъвои худой мекунад. Маслихатгари у Ахриман мешавад. Дар натича халк аз у ру мегардонад. Пас аз ин Йема аз тарафи Ажадахок кушта мешавад.

Мазмуни мухтасари ривоят аз хамин иборат аст. Махз хамин ривоят барои пайдо шудани чандин асархои барчастаи карнхои минбаъда сарчашмаи асосй гардид.

Дар адабиёти точику форс ин идея, яъне тасвири чамъияти хаёлй бори аввал дар «Шохнома»-и Абулкосими Фирдавсй инъикос ёфтааст. Дар асари Фирдавсй Йема бо номи Ч,амшед ёдоварй шудааст. Мувофикл тасвири Фирдавсй Ч,амшед 700 сол

261

Page 262: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

подшох,й мекунад. Дар аввал чун дар «Авесто» одил, додгустар, халкпарвар буд. Мамлакат обод, халк осуда, зиндагй пурнишот, одамон вафот намекунанд. Аз ин пешрафт Чдмшед магрур шуда, дигар ба суханони Ахура Маздо гуш намекунад, дар байни халк худашро яздон эълон мекунад. У осй мешавад ва аз тарафи Заххок ба катл мерасад.

Агар хар ду вариантро бо хам киёс кунем, равшан мегардад, ки дар байни онхо монандй бисёр назаррас аст. Дар асари Фирдавсй исмхо тагйир ёфтаанд. Масалан, дар «Авесто» Йема, дар «Ш охнома» Ч,амшед, дар «Авесто» Ажадахак, дар «Шохнома» Заххок ва амсоли ин. Дигар, дар достони «Ч,амшед» тасвири «давраи тиллой» ё чамъияти хаёлй сарфи назар шуда­аст. Фирдавсй тасвири онро дар кисмати таърихии «Шохнома» овардааст. Достони «Ч,амшед» дар кисмати аввал, яъне кисмати мифологй омадааст. Ф ирдавсй танхо як кисми ривояти мазкурро дар достон оварда, онро эчодкорона истифода бурдааст. Рузгори Чамшед то андозае унсурхои чамъияти хаёлиро дар худ нихон дорад. Масалан, Фирдавсй мегуяд:

Чунин сол сесад уаме рафт кор,Надиданд марг андар он рузгор.Зи ранцу зи бад шон набуд огауй,Миён баста девон ба сони рауй.Ба фармон-ш мардум ниуода ду гуш,Зи ромиш цауон буд пуровози нуш.Чунин то баромад бар ин солиён,Хаметофт аз шоу фарри каён.Чау он буд ба ором, аз у шодком,Зи Яздон бад-у нав ба нав буд наём.

Дар «Шохнома» достони «Искандар» мавкеи калон дорад. Асосан бо хамин достон кисмати таърихии «Шохнома» огоз ёфтааст. Достон аз 2417 байт иборат буда, аз чанги Юнону Эрон, яъне аз задухурди лашкари Файлакус (падари Искандар) ва Доро 0F03 мегардад. Дар достон Искандар хамчун шахси горатгар каламдод шудааст. У шахрхо, мамлакатхо ва кишвару буми зиёдеро ба зери тасарруф дароварда пеш мерафт, мекушт, горат мекард:

262

Page 263: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Зану кудаку пирамардон ба рох,..Бирафтанд гирён ба наздики шох,.Ки: «Эй шох,и бедор, боз ор х,уш,М асу зон бару буму кудак макуш!»Сикандар бар эшон наёвард мех,р,Бар он хастагон х,ец нанмуд чех;р.Гирифтанд аз эшон фаровон асир,Зану кудаки хурду барнову пир.Суи Нимруз омад аз рох;и Буст,Хама руи гетй зи душман бишуст.

Пас Искандар ба шахри барахманон мерасад. Ин боб «Рафтани Искандар ба шахри барахманон» ном дорад. Бошандагони ин шахр аз омадани Искандар вокдф гашта, ба у мактубе менависанд. Дар ин мактуб ба Искандар гушзад мекунанд, ки агар максади ту молу сарват бошад, мо аз он бенасибем. Мо танхо донишу хирад дорем, ки инро шумо гирифта наметавонед. Искандар бо чанд нафар донишмандони румй ба назди онхо меравад ва бо онхо сухбат мекунад, саволхои зиёде медихад. Аз саволу чавоб равш ан мегардад, ки бошандагони он чо бисёр факирона зиндагй мекардаанд. Кариб урён мегарданд, молу чиз надоранд. Мардумаш баробару бародаранд. Онхо дар саволу чавоб Искандарро мулзам мекунанд:

Сикандар чу руи барах,ман бидид,В-аз он гуна овози эшон шунид.Давону барах,на тану пову cap,Танаш бебару ч,он зи дониш ба бар.Хуру хуфт у ором дар дашту кух;,Барах,на ба х,ар ной гашта гурух,.Хама хурданишон бари мевадор,Зи тухми гиёх, раста бар курсор.Сикандар бипурсид аз хобу хурд,Аз осоишу гарди рузи набард.Хирадманд гуфт:- «К-эй ца^онгир мард,Кас аз мо нагуяд зи нангу набард,Зи пушиданй, ё зи густурданй,Хама бениёзем аз хурданй».

263

Page 264: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Искандар аз ин хеле мутаассир гашта, рухан тагйир меёбад. Чехрааш заъфарон гашта, ашк аз чашмонаш чорй мегардад:

Сикандар чу гуфтори эшон шунид,Ба рухсора шуд чун гули шанбалид.Д у рух зарду ду дида пуроб кард,Хамон чех;ри хандон пур аз тоб кард.

Афсус хурду тавба кард. Барои хамин ба хар кас сарвату молашро бахшида, аз назди барахманон ба тарафи Ховар рох пеш гирифт:

Басе низ бахшид бар х;ар касе,Ба наздики эшон набуд у басе.Беозор аз он цойгах, баргирифт,Бар он уамнишин роуи Ховар гирифт.

Дар достони «Искандарнома»-и Низомии Ганчавй тасвири чамъияти хаёлй каме дигархелтар омадааст. Искандар хангоми сафархои харбиаш ба мамлакати шимол мерасад ва мебинад, ки кишвар бешох аст, бойу камбагал надорад, фиребгару каллоб, бекорхучаву бевичдон нест. Онхо умри зиёд дида, дар пиронсолй вафот мекунанд. Дигар, муъчизаи мамлакат боз он будааст, ки дузд, хиёнаткор дар сари вакт чазо мегирифтааст. Искандар бо лашкараш ба диёр дохил шуда, 6 o f x o h мевадор, галаю рамахои сершумори бегалабону бечупон ва дигар муъчизоти зиёдеро мебинанд. Лашкарие аз дарахт мева мегирад, хамоно мебинанд, ки пушташ куз шудааст. Искандар ба шигифт меафтад, баъд аз ин ба хаёл меравад ва дар дил чунин мегуяд:

Ба дил гуфт: «Аз ин розуои шигифт,Агар зиракй, панд бояд гирифт.Нахоуам дигар дар цсщон сохтан,Ба х,ар сайдгах, доме андохтан.Маро бас буд аз х,ар чй андухтам,

f Хисобе аз ин мардум омухтам.Бад-эшон гирифтаст олам шукух,,Ки автоди олам шуданд ин гурух;.Агар сират ин аст, мо бар чием?!В-агар мардум инанд, пас мо кием?!

264

Page 265: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Нихоят, Искандар аз чахонгирй, катлу горати мардумон сахт пушаймон мешавад. У бо дарду алам мегуяд, ки агар ман пештар аз чунин мамлакат хабар медоштам, харгиз дигар гирди чахон намегаш там, дину оин, кору раф тори онхоро мепазируфтам:

Гар ин цавмро пеш аз ин дидаме,Бар гирди цауон барнагардидаме.Аз ин раем нагзаштй оини ман,Ч,уз ин дин набудй дигар дини ман.

Искандар аз хамин чо пас мегардад. Дигар у чанг намекунад. Рохи Юнонзаминро пеш мегирад, вале дар рох ба бемории сахт гирифтор шуда вафот мекунад.

Тавре ки дидем, дар Фирдавсй Искандар аз сухбат ва саволу чавоби барахманон панд намегирад, ба хулосаи даркорй намеояд. Яъне, у пас аз ин боз ба кишваркушой, горатгарй машгул мегардад. Ба хамин тарик, Искандар дар «Шохнома»- и Фирдавсй то охир хамон Искандари таърихй, яъне Искандари горатгар, кишваркушо мемонад.

Тасвири чамъияти хаёлй дар «Хирадномаи Искандари». Дар достон идеяи чамъияти хаёлй характери чамъбастй дошта, аз нигохи фалсафй нихоят кавист. Мувофики тасвири Ч°мй Искандар пас аз чахонгирй, тай намудани кишвару мамлакатхои зиёд ба шахре, ки хама мардум покизарузгор буданд, мерасад. Аз тасвири Чомй равшан мегардад, ки Искандар аз Рум на барои катлу F o p a T , забт намудани кишвару бум, бахру бар, бойигарию сарват, чунон ки дар Фирдавсй омадааст, ё на хамчун кишваркушой, умуман лашкаркаши мохир, ки Низомй нишон додааст, балки хамчун як Марди хирадманд, чуяндаи хайру эхеон, хабарпурси хар як ошкору нихон чахонгардй намудааст:

Сикандар чу мегашт гирди цауон,Хабарпурси уар ошкору ниуон.Дар аснои рафтан ба шауре расид,Дар он шаур цавме писандида дид.

Пас аз ин Ч,°мй бевосита бо як хиссиёти баланд ба тасвири чамъият ру меорад. Каблан тасвири Фирдавсй ва Низомиро

265

Page 266: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

дидем. Пеш аз хама хднгоми мукоиса эхсос мешавад, ки саволу чавоби Искандар бо бошандагони ин чамъият дар Ч,омй дакиктаранд. Агар дар Ф ирдавсй бо И скандар сарвари барахманон, дар Низомй бузургони ин кавм сухбат ороста бошанд, дар Ч,омй Искандар бо дарзй барин шахе саволу чавоб мекунад. Дар o f o 3 Ч,омй агар сифату хислати одамони ин чамъиятро тавзех дихад, пас аз ин бо камоли махорат характеру хислатхои як гурухи одамони оддиро дар рафти амалиёт нишон медихад. Масалан, Ч,омй чунин мегуяд:

Зи гуфтори беууда лабуо хамуш,Фуру баста аз носазо чашму гуш.Нацуста ба бад уаргиз озори х,ам,Ба х,ар кори неку мададгори х,ам.На з-эшон тавонгар касе, не фацир,Ба эшон на султон касе, не амир.Баробар ба х;ам кцемати молашон,Мувофиц ба х,ам сурати уолашон.На аз меунати к,ах,ташон сол танг,На бар сафуаи сулуашон уарфи цанг.

М улокоту сухбатхои самимии дарзй бо Искандар ва тафаккуру андешаи дарзии хирадманд нуктаи баландтарини достони Чомй ба хисоб меравад, ки чунин мулокотхоро дар Фирдавсй ва Низомй дида наметавонем. Аз ин ру, достони «Хирадномаи Искандарй» ва чамъияти хаёлии тасвиркардаи Ч,омй дар пояи олй меистад. Биёед, саволу чавобхои Искандарро бо мардуми покизарузгори ин чамъият хубтар мулохиза кунем.

Масалан, Искандар аз онхо мепурсад, ки чаро чамъияти шумо бе подшох аст? Дар чавоб бошандагони он шахр ба Искандар мегуянд, ки дар ин чо зулму золимй нест. Бинобар ин мо ба подшох эхтиёче надорем:

Дигар гуфт: «Чун шоуи фармонравой,Дар ин ша.\ри бе шур нагрифта цой?»«Пайи дафъи зулм аст, - гуфтанд, - шох,,Зи зулм ин вилоят бувад дар панох;.Зари адл аз зулм гирад иёрю,Чу золим набошад, ба одил чй кор?!»

ЛЪИёр - бахо, тарозуи зарсанч, кимат, арзиш.

266

Page 267: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Хдтто одамони оддии ин шахр дар сухандонй ва нуктафахмй Искандари донишмандро мулзам мекунанд. Масалан, Искандар аз назди дукони дарзй мегузашт. Дарзй уро дида эътиборе надод, яъне аз чой нахест ва таъзим накард. Искандар сабаби инро аз дарзй пурсид. Дарзй дар чавоб чунин гуфт:

Наёяд хушам фаррулу щболи ту,Чй созам сари хеш помоли ту?Надорам тамаъ гащ и симу зарат,Чу мор аз чй х;алк,а занам бар дарат?

Пас аз мутолиаи боби мазкур хонанда ба дунёи фикру андеша меравад, то ки хубтару бехтар максади шоир ва фалсафаи зиндагиро бифахмад. Аз ин хотщ? дар тафаккураш саволхои зиёди бечавоб пайдо мешаванд. V андеша мекунад, ки чаро ин чамъият ба подшох ниёз надорад? Чаро бойу камбагал нест, хама баробар зиндагй мекунанд? Дар чавобхои дарзй ба Искандар шоир ба кадом масъалахо диккат додааст? Ва ба хамин монанд саволхои зиёде уро норохат мекунанд.

Вокеан, хонандагон аз руи матн ба саволхои зикршуда то андозае чавоб хоханд ёфт. Азбаски дар чамъияти тасвиркардаи Чомй зулму истисмор, чангу чидол, тухмату бухтон нест, одамони ин чамъият ахлокй писандида доранд, хамфикранд, баробар кор мекунанд, ба онхо подшох хам лозим нест. Подшох хам дар низоми давлат махз барои хамин корхо лозим аст. Аз ин ру, чамъиятро бояд халк идора кунад. Ба хамин тарик, Чомй дар охири умр ба хулосае омад, ки чамъияти инсонй бе подшох ва рохбарии у низ пеш рафта метавонад. Баръакс, мамлакат боз бехтар мешавад. Яъне Чомй дар ин айём аз бахри подшохи одил ва бомаърифат хам мегузарад ва дар идора кардани давлат халкро дар навбати аввал мегузорад.

Ба саволи дуюм алокамандона ба саволи боло чавоб додан лозим меояд. Дар чамъияти тасвиркардаи Ч,омй барои он бойу камбагал нест, ки мардуми он покахлок ва нексириштанд, онхо дили соф, аклу заковати баланди инсонй доранд. Ч°мй бо ин гуфтан хостааст, ки танхо хамин зайл одамон чунин чамъиятро сохта метавонанд. Баъзе хислатхои одамони ин чамъиятро Чомй

11 Фарр - шукух, зебой, дабдаба, тони икбол, хайбати шохон.

267

Page 268: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

дар симои дарзй инъикос намудааст. Дарзй марди хунарманд аст. Вай ба кори хоксоронаи худ машгул буда, узви комилхукуки ин чамъият аст. Дарзй ба Искандар эътибор намедихад, аз чой намехезад, таъзим намекунад ва ин ба табъи Искандар намефорад. Дарзй чавоб медихад, ки ман аз ту ягон чиз талаб надорам, мухточи ту нестам, ман озод хастам.

Ч,омй ба воситаи овардани саволу чавоби онхо мавкеи чамъиятии шахсро гузоштааст. Ба ин восита адиб одамони тамаъкору хушомадгуи замонаашро мазаммат намуда, онхоро ба назарбаландй хидоят мекунад.

Абдурахмони Ч,омй ба хулосае меояд, ки дар он чое, ки золим нест, аз хар чихат мардумон бо хам баробар ва бародаранд, мувофики тавоноияшон мехнат мекунанд, аз руи аклу хирад хар як узви ин чамъият зиндагиашро пеш мебарад. Мана хамин аст кулминатсияи асар, нуктаи авчи тасвир дар асари шоири бузург. Тасвири чамъияти хаёлй на танхо як сахифаи дурахшони адабиёти точику форс, балки гояи олии умумиинсонии адабиёти чахонй аст. Ин афкори олии Абдурахмони Ч,омй баъд аз чанд аср ба тарзи аниктар дар асархои сотсиалистони хаёлй ва нависандагони барчастаи Ев­ропа Томас М ор («Утопия», 1516), Кампанелла («Шахри Офтоб», 1602), Анатол Франс («Дар санги сафед», 1905) ва дигарон инъикос ёфтааст.

Вале аз хама мухимаш он аст, ки Чомии мутафаккир дар хамон замоне, ки инсон хору залил, факиру музтар гардида буд, субхи мурод, чилои хуршеди сахар, машъали рахшони адолатро орзу кард.

Акидаи Ч,омй дар дар бораи муносибати устоду шогирд. Ч,омй дар достон зимни образхои Искандар ва Арасту муносибати устоду шогирдро бо камоли махорат нишон додааст. Адиб таъкид менамояд, ки хар кас бояд хурмату эхтироми устод, омузгорро нигох дорад.

Арасту рузе аз Искандар мепурсад, ки агар дар оянда подшох шавй, ба ман чй хел муносибат мекунй?:

Чу мулки цауонат мусаллам шавад,Дар он поя пои ту маркам шавад,Чй бошад ба пеши ту мщ дори ман?Чй равнак, пазирад зи ту кори ман?

268

Page 269: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Искандар чунин чавоб медщ ад Бигуфто, ки бошад туро бартарй Бари ман ба мщдори фармонбарй...Ба тоат туро то цадам пештар,Бувад цадри ту пеши ман бештар.

Аз ин порчаи боло маълум мегардад, ки И скандар устодашро дар амру фармони подшохй баробар ва хдтто аз худ бештар хисоб мекардааст.

Дар хакикат, Искандар хурмату эхтироми устодашро то охири умр ба чо овард. Бо маслихати у ва дигар хакимон давлати бузургашро идора мекард. Боре як нафар аз Искандар мепурсад, ки чаро у муаллими худ Арастуро аз падар беш хурмату эхтиром мекунад? Ч,авоби Искандар:

Бигуфто: Зад ин нацши обу гилам,В-аз он тарбият ёфт чону дилам.Азин шуд тани ман пазирои чон,В-аз он омадам зиндаи човидон.Азин по кушодам зи цайди Адам,В-аз он р у нщодам ба мулки щидам.

Ч,омй талаб мекунад, ки хар касе, ки муаллим дорад, то охири хаёташ бояд устодони худро хурмату эхтиром кунад. Кадри муаллим аз падар хам зиёдтар аст. Зеро муаллим ба у таълим медихад, хунару фарханг меомузонад ва ба шогирд бахту саодат мебахшад. Ч,омй афкори пешкадамро зимни образи шохи муктадир - Искандар инъикос намудааст. Ин акидаи шоир то одаму олам хает, завол намеёбад, зеро чунонки Ч,омй мегуяд:

Агар дар чах,он набвад омузгор,Шавад тира аз бехирад рузгор!

Ч,омеа хамеша ба омузгор ниёз дорад ва хурмату эхтироми муаллим амрест вочиб. Андешахои Ч,омй нисбати омузгор имруз хам кимати баланди таълимию тарбиявй дошта, барои инкишофи маънавиёти хар як фарди чомеа мусоидат мекунанд.

269

Page 270: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

«Бахористон». Сабаби навишта шудани асар, сохт ва таркиби он

М арги фарзандон Ч,омиро рухдфтода мекунад. Ч,омй медонист, ки фарзанд нахли муроду давоми умр аст. Ба хамин маънй мегуяд;

J(e'f неъмат беутар аз фарзанд нест,Ч,уз ба цон фарзандро пайванд нест.

Хосил аз фарзанд гардад коми мард,Зинда аз фарзанд монад номи мард.

Аз ин чост, ки фарзанди ягонааш Зиёуддин Юсуф барояш бисёр азиз буд. Вале тани дардманду андоми заиф дошт.

Ч,омй ба таълиму тарбияи фарзанд машгул шуда, орзу дошт, ки Зиёуддин Юсуф шахси хунарманд, бофазлу дониш шавад ва дар оянда дар чамъият мавкеи худро ёбад. Аз ин ру, ба Юсуф хату савод омузонда, уро пайваста таълим медод, то ки инсони комил шавад, аз аслу насаби худ магрур нашуда, илму хунар омузад.

Ч,омй бо хамин максад барои фарзанди худ ва барои хамаи толибилмон соли 1487 «Бахористон»-ро менависад.

Ин асар аз чихати забон ва тарзи баён хеле сода аст. Вай намунаи барчастаи насри асри XV ба хисоб меравад. «Бахористон» дар пайравии «Гулистон»-и Саъдии Шерозй навишта шудааст. Вай хам мисли «Гулистон» аз мукаддима, 8 равза ё боб ва хотима иборат аст.

«Бахористон» бо чунин байтхо огоз меёбад:

Гузаре кун ба ин «Бауористон»,То бубинй дар у гулистонуо.В-аз латоиф ба уар гулистоне Раста гулуо, дамида райуонуо.

Абдуррахмони Ч,омй дар боби аввал аз хаёти суфиёну шайхон хикоятхои пандомезе меорад, ки бисёри онхо характери динй доранд. Дар боби дуюм нависанда гуфтахои хакимон, файласуфон, лашкаркашонро овардааст. Боби сеюмро Ч,омй ба панду насихати шохон мебахшад. Дар ин боб нависанда идеяи

270

Page 271: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

шохи одил ва раиятпарварро таргиб мекунад. Боби чорум хдм хеле мухим аст. Дар масъалаи саховатмандию чавонмардй, накукорй ва шучоатмандй бахс менамояд. Дар бобхои панчум ва шашум нависанда дар бораи ишку мухаббат ва боз бисёр масъалахои дигари зиндагй хикояту латифахои намакин ва шавкангези хачвй меорад.

Боби хафтуми «Бахористон» ба хаёту эчодиёти шоирони гузашта ва хамзамонаш бахшида шудааст. Чомй дар боби охирини асараш бисёр хикояту тамсилхои ибратомуз овардааст, ки онхо дар бораи хаёту зиндагии одамон бахс мекунанд.

Мазмун ва мундаричаи идеявии х,икояхои «Бахористон»

А бдуррахмони Ч,омй дар «Бахористон» ба бисёр масъалахои мухими замонааш, ки дар девонхою маснавихояш иброз карда буд, боз бармегардад. У танхо як чизро мехост: орзу дошт, ки хаёту зиндагии халк хуб бошад, зулму бедодгарй бархам хурад. Нависанда чамъиятро ба золимону мазлумон таксим карда, ба мукобили золимон ва берахмию бешафкатии онхо мебарояд. У золимонро танкид карда, онхоро аз шуру исёни халк - мазлумон огох месозад. Чунончи, дар боби дуюм хикояте оварда шудааст, ки дар он хакими донишманд ба Искандар чунин мегуяд: «Х,ар кй бо зердастон шеваи муштзанй бар даст гирад, дар лагадкубии забардастон бимирад:

Дило, гуш кун аз ман ин нуктаи хуш,Ки мондаст дар гушам аз нуктадонон:Ки х,ар кас кашад теги номеурубонй,Шавад куштаи теги номеурубонон.

Чомй шохону хокимони золимро мазаммат намуда, пардаи фиребу найрангро аз руяшон дур мепартояд. Подшохон дар зери никоби дини мубини ислом ба халки мехнаткаш зулм мекарданд. Чомй ба ин гуна шохон нафрат дорад. Вай шохони бедин, яъне кофири одилро аз шохони диндори золим баландтар хисоб мекунад. Шоир дар огози боби сеюм, ки ба хамин масъала бахшида шудааст, дар бораи Нушервони Одил чунин мегуяд: «Нушервон бо он ки аз дин бегона буд, дар адлу ростий ягона... Дар таворих чунон мастур аст, ки панч хазор сол салтанати олам

271

Page 272: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

тааллук ба габрон ва мугон дошт ва ин давлат дар хонадони эшон буд, зеро ки ба раоё адл мекарданд ва зулм раво намедоштанд:

А длу инсоф дон, на куфру на дин,Он чй дар х;ифзи мулк дар кор аст.А дли бедин низоми оламро Бехтар аз зулми шох, и диндор аст.

Дар хикояти дигар Ч,омй талаб мекунад, ки дар баробари шох мукаррабон, вазирон ва дигар амалдорони вай низ бояд одил ва фукаропарвар бошанд. «Мебояд, ки подшохонро мунхиёни12 росткирдоре бар кор бошанд, ки ахволи раоё ва гумоштагон барояшонро ба вай расонанд»:

Чу шох,ро набувад огах,й зи х;оли сипох,,Куцо сипох; зи цах;ри вай э^тироз кунанд?Ба цасди зулм х,азорон барона пеш оранд,Ба цанги фиск, х,азорон тарона соз кунанд.

Агар шох одил набошад, зулм ривоч гирифта, пояи давлат ноуетувор мегардад. Аз ин ру, ба мансабхои давлатй шахсони поквичдон, росткору бомаърифатро интихоб кардан лозим аст,- мегуяд Ч,омй. Н ависанда беш тар акидахои сиёсиву ичтимоиашро зимни образхои шохони идеалй - Искандар ва Нушервон, хакимону донишмандон ифода кардааст.

Дар «Бахористон» нависанда дар мавзуи таълиму тарбия фикру мулохизахои пуркимате баён кардааст. Пеш аз хама, асари мазкурро Ч,омй барои таълими писараш эчод намудааст. Нависанда зимни як катор хикояхои «Бахористон» ахамияти илму донишро дар инкишофу тараккии чамъият нишон дода, зикр мекунад, ки илм як бахри беканор буда, шохахои зиёд дорад. Бояд шахе хамон илмеро пурра омузад, ки он нихоят зарур мебошад. Илова бар ин, шахе бояд илми омухтаашро дар амал истифода барад:

Илме, ки ногузири т у бошад, бад-он гирой,В-онро, к-аз он гузир бувад, цустуцу макун.

12 Мун.\иён - хабардихандагон.

272

Page 273: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

В-он дам, ки уосили ту шавад илми ногузир.Гайр аз амал ба мучиби он орзу макун!

Чомй одамонро ба дустию рафокат, накукорй, саховату олихимматй даъват кардааст. Масалан, дар боби чорум хикояте оварда мешавад, ки кахрамони он гулом аст. «Аз Абдуллох ибни Ч,аъфар разияллоху анху овардаанд, ки рузе азимати сафаре карда буд. Дар нахлистони кавме фуруд омад, ки гуломе сиёх нигохбони он буд. Дид, ки се курси нон ба чихати кути вай оварданд. Саге он чо хозир шуд. Он гулом як курс пеши вай андохт, бихурд. Абдуллох разияллоху анху аз вай пурсид, ки:

-Хар руз кути ту чист?Гуфт:-Он чй дидй.Фармуд:-Чаро вайро бар нафси худ исор накардй? Гуфт:-Вай дар ин замин гариб аст, чунин гумон мебарам, ки аз

масофаги дур омадааст ва гурусна аст. Нахостам, ки вайро гурусна гузорам. Пас гуфт:

-Имруз чй хохй хурд?Гуфт:-Руза хохам дошт».

' Чомй дар баробари мадху ситоиш кардани хислатхои неки инсонй, одамони бадро мазаммату сарзаниш мекунад.

Чомй хеле дуруст пай бурда буд, ки ахлоки табакаи боло нихоят фосид ш удааст. Х икояхое, ки нависанда дар «Бахористон» овардааст, махз ба ин гурух хосанд:

«Писареро гуфтанд:- Мехохй, ки падари ту бимирад, то мероси вай бигирй?Гуфт:- Не, аммо мехохам, ки уро бикушанд, то чунончи мероси

вай бигирам, дият13 низ бистонам.

Фарзанд нахоуад зи пайи мол падарро,Хоуад, ки намонад падару мол бимонад.Хуш нест ба марги падару бурдани мерос,Хох;ад, ки кушандаш, ки дият х;ам биситонад!

13 Дият - хунбахо.

273

Page 274: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Дар чомеа барои баъзе ашхос сарвату боигарй аз хдма чиз болотар меистад. Дар рузгори адиб мо далелхои зиёдеро меёбем, ки шох,зодагон барои точу тахт, молу сарват шуда ба амали ношоиста даст мезаданд. Масалан, писари Улугбек Абдулатиф барои точу тахти шох,й падарашро кушт.

Бар хилофи х,икояти боло Ч,омй хикояти дигаре низ овардааст, ки дар он ду чавон аз табакаи поёнии чамъият иштирок доранд. Х^коят чунин огоз меёбад: «Шабе дар масчиди чомеи Миср оташ афтоду бисухт. Мусулмононро таваххум14 ин шуд, ки онро насоро15 кардаанд. Ба мукофоти он оташ дар хонахои эшон андохтанд ва бисухтанд. Султони Миср чамоатеро, ки оташ дар хонах,ои эшон андохта буданд, бигрифту дар як чой чамъ кард ва бифармуд, ки то ба адади эшон рукъах,о16 навиштанд: дар баъзе куштан, дар баъзе даст буридану дар баъзе тозиёна задан. Ва он рукъахо бар эшон афшонданд. Бар *ар кас хар рукъае, ки афтод, бо вай ба мазмуни он муомала карданд. Як рукъа, ки мазмуни он ба куштан буд, дар касе афтод.

Гуфт:- Аз куштан боке надорам, аммо модаре дорам, чуз ман касе

надорад.Дар пахлуи вай дигаре буд, ки дар рукъаи вай тозиёна задан

буд. Вай рукъаи худро бад-он кас дод ва рукъаи вайро гирифту гуфт:

- Ман модар надорам.Инро ба чои вай бикуштанд ва онро ба чои ин тозиёна

заданд.

Ба симу зар цавонмардй тавон кард,Хуш он кас, к-у цавонмардй ба цон кард.

Ба цон чун эутиёци ёр бишнохт,Хаёти худ фидои цони у сохт.

Мазмуни ин хикояти Ч,омй хонандаро ба хулосае меорад,

14 Таващ ум - гумон, гумонбар шудан.15 Насоро - насроних,о, пайравони дини Исо, христианхо.16 Рук,ъа - мактуб.

274

Page 275: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ки махз мардуми оддй чунин хислатхои хамида доранд ва ба чавонмардй кодиранд. Кахрамони хикоят аз марг наметарсад. Вале вай модари пири бекас дорад ва барои нигохубини модар, парастории у мурдан намехохад. Ч,авонмардии кахрамони дигари хикояти боло аз чавони аввала боз олитар аст. У ба хотири модари пири рафикаш худро ба куштан медихад. Дар образи ин ду чавон нависанда хислатхои бехтарини инсониро чамъбаст кардааст.

Ч,омй ба воситаи ин хикоят масъалаи хурмати падару модарро дар миён мегузорад. Нависанда гуфтан мехохад, ки падару модарро хурмату эхтиром кардан даркор, ба кадри мехнатхои онхо бояд расид ва харгиз монандй он фарзанди нохалафи марди сарватманд, ки куштани падарашро орзу мекард, будан нашояд.

Абдуррахмони Ч,омй дар «Бахористон» ба масъалаи дустию рафокат ахамияти калон медихад. Ин масъала дар хикояти боло дар симои ду чавон то андозае инъикос ёфтааст.

Ч,омй он касеро дусти хакикй мешуморад, ки дар хар як лахзаи хаёт ба у мададгору рухбардор бошад. Агар лозим шавад. аз суханони талху баъзе кору кирдори ночои дусташ малол нашуда, канорагирй накунад. Дар ин мавзуъ нависанда аз хаёти яке аз орифону донишмандони гузашта Абубакр МухаммадЧ,аъфар ибни Халафи Бухорой (861-946) хикояте меорад. Абубакр ба шур меояд, яъне парешонхол мешавад ва уро ба бемористон мебаранд. Як гурух одамон барои диданаш меоянд. Абубакр аз онхо мепурсад:

- Шумо киёнед?Гуфтанд:- Дустони ту.Санг бардошт ва бар эшон хамла кард. Ч,Умла бигурехтанд.

Бихандид. Гуфт:-Боз оед, эй муддаиён, ки дустон аз дустон нагурезанд ва аз

санги чафояшон напархезанд:

Он аст дустдор, ки уарчанд душманй Бинад зи дуст, беш шавад дустдортар.Бар cap уазор санги цафо гар хурад аз у,Гардад бинои ишкаш аз он устувортар,

275

Page 276: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Чомй он касеро рафики бад хисоб мекунад, ки мах,з ба хотири чизе, бо максаде риштаи дустй мепайвандад. Чунин дустй пояи устувор надорад. Аз ин гуна «рафик» зудтар паймони дустиро буридан хубтар аст. Чомй ин суханашро аз номи орифу хдкими машхури асри X Абулхасан таквият медихад. Масалан, х,икоят ин тавр o f o 3 меёбад: «Шайх Абулхасан гуфтааст, ки дар дунё хеч чиз нохуштар нест аз дусте, ки дустии вай аз барои гаразе бошад ё ивазе».

Нокастар аз у кас набувад дар олам,К-аз дуст ба цуз дуст муроде хоуад.

Дар«Гулистон»-и Саъдй дойр ба мавзуи дустй хикоятхои бисёре оварда шудаанд. Хар ду адиби бузург дойр ба ин масъала хдмфикранд. Онхо дустй бегаразро дустй хакикй хисоб кардаанд. Дуст он кас аст, ки дар мавридхои парешонхолию дармондагй ба ту мадад мерасонад:

Дуст машмор он ки дар неъмат запад Лофи ёрию бародархондагй.Дуст он бошад, ки гирад дасти дуст Дар парешонуолию дармондагй.

Хикоёти Чомй, ки дар боло овардем, аз хар чихат суханони Саъдиро такмил ва таквият медиханд.

Боби хафтуми «Бахористон» ва ахамияти илмию бадеии он

Чомй дар боби 7-уми «Бахористон» дар бораи 39 нафар шоирони асрх,ои гузашта ва давраи худ ба тарики хронологй маълумоти мухтасар медихад. Ин боби «Бахористон» аз як мукадцимача ва кисми асосй иборат аст. Дар мукаддима оид ба каломи шеър ва унсурхои он маълумот медихад. Пас аз он дойр ба шоирони гузашта, ки дар аксари жанрхои бадей шеър гуфтаанд, ба тарики умумй сухан ронда, мукаддимаро ин тавр ба охир мерасонад: «Лочарам, бар зикри чанде аз машохири эшон ихтисор карда мешавад». Ин кием хеле душворфахм мебошад, зеро бисёр калима ва иборахои арабй бо чумлахои печ дар печ баён карда шудаанд.

Абдуррахмони Чомй аввал аз руи анъанаи тазкиранавией

276

Page 277: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

тахаллуси аксарияти шоиронро ном бурда, баъд аз ин дар бораи аз кучо будан ва дар замони салтанати кадом сулола ва ё подшох зиндагонй кардани як кисми онхо маълумот медихад. Сипае ба тасвири шахсият, омузиш, зиндагй, характери эчодй ва шухрат пайдо кардани он гузашта, барои намуна порчахои шеърй меоварад. Ч,омй хангоми дар бораи ин ё он шоир сухан ронданаш соли таваллуд ва вафоташро дар хотима зикр мекунад. Чунончи, сабаби вафоти Муиззиро ба тарики зайл шарх медихад:

«Ва сабаби вафоти вай он буд, ки рузе Султон (Султон Санчари Салчукиро дар назар дорад - Т. М.) аз даруни хиргох тир андохт ва у беруни хиргох истода буд. Ногох тире хато шуду бар вай омад ва бияфтод ва дархол чон бидод».

Абдуррахмони Ч °мй хусусияти эчодиёти як шоирро бо шоири дигар мукоиса намуда, нуктаи назари худро баён мекунад. Масалан, вай хусусиятхои бартарии ашъори Х,офизро бо шеърхои Низории Кухистонй мукоиса намуда менависад: «Ва саликаи17 шеъри вай (Хофиз) наздик аст ба саликаи Низории Кухистонй. Аммо дар шеъри Низорй гассу самин18 бисёр аст бар хилофи шеъри вай».

Ё ин ки дар бораи фаркияти эчодиёти Хусрави Дехлавй ва Хоконй фикри зеринро баён мекунад: «Татаббуи19 Хоконй мекунад, харчанд дар касида ба вай нарасида, аммо газалро аз вай гузаронида... макбули хама кас афтодааст». Аз ин гуфтахо маълум мешавад, ки агарчи Хусрави Дехлавй дар касида ба Хоконй нарасида бошад хам, газалро аз вай гузаронидааст ва бо мазмуннокии ашъори худ ба хама кас макбул гаштааст.

Чомй асосан ба эчодиёти аксарияти шоирон бахо медихад ва тарзи баходихии вай ду хел аст:

1. Оид ба ин ё он шоир танхо фикри шахсиашро баён мекунад.

Ба ашъори Хофиз чунин бахо додааст: «Аксар ашъори вай латифу матбуъ20 аст ва баъзе кариб ба сархади эъчоз21».

17 Салила - услуб.18 Faccy самин - пастию баланди.19 Татаббуъ - чустучу кардан, аз кафои чизе рафтан, пайравй кардан.20 Матбуъ - ма ькул.21 Э ъчоз- муъчиза.

277

Page 278: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Ё ин ки муаллиф услуби Котибиро ба тарики зайл баён кардааст:

«Вайро маонии хос бисёр аст ва дар адои он маонй низ услубе хос дорад, аммо шеъри вай якдаст ва хамвор нест».

2. Ч,омй дар бораи шоирон гуфтахои дигаронро меорад, вале аз кй будани ин суханонро нишон намедихад. Фикрхои овардашуда танхо бо як ё ду чумла ифода ёфтаанд, ки баъзан бо овардани порчахои шеърй муайян ва равшантар карда мешаванд. Масалан, барои нишон додани он ки Фирдавсй дар замонаи худ кадру кимат пайдо накарда вафот кардааст, чунин мисраъхоро аз шоири номаълуме меоварад:

Бирафт шавкати М ахмуду дар замена намонд Чуз ин фасона, ки нашнохт цадри Фирдавсй.

Хдмин тавр, боби 7-уми «Бахористон»-и Абдуррахмони Ч,омй дар омухтан ва кушода додани бисёр масъалахои мухлми адабиёти классикй ба тадкикотчиён ёрй мерасонад. Дар ин чо аз шоирони асрхои мухталиф намунахо овардааст, ки онхо барои равшан кардани эчодиёти ин ё он шоир ахамияти бузург доранд.

Ин боб монанди дигар равзахои «Бахористон» ахдмияти забонй низ дорад. Забони ин боби асар нисбатан сода, фахмо ва латиф аст ва барои омухтани таърихи забони адабии точик ба забоншиносон ёрии калон мерасонад.

Бисёр адабиётшиносони точик ва хоричй ба ин боби «Бахористон» ахамияти махсус дода, барои исбот ва равшан намудани фикрхои худ аз он иктибос овардаанд.

Мавкеи латифахои халкй дар асарАбдуррах,мони Ч,омй хангоми баёни масъалахои мухталифи

зиндагй ба эчодиёти дадонакии халк мурочиат намудааст. У аз образу сужет ва жанрхои дигари халкй кариб дар хамаи асархояш истифода бурдааст. Махсусан, «Бахористон» аз латифаю мутоибахои халкй хеле сероб аст.

Абдуррахмони Ч,омй дар равзаи 6-уми «Бахористон» латифаи «Факат шумо ва ман мондаем»-ро овардааст. Дар ин чо хачви нависанда чанбаи ичтимой мегирад. Махсусан китъае, ки дар анчоми латифаи халкй оварда мешавад, афкори шоирро

278

Page 279: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

чамъбаст намудааст. Чунончи:«Тавонгаре дар ахди яке аз золимон бимурд. Вазири он

золим писари вайро талаб кард ва пурсид, ки падари ту чй гузоштааст?

Гуфт:-Аз молу манол чунин ва чунон ва аз ворисон вазири

кабирро ва ин факири хакирро:К,итъа:

Зулмпеша вазир нашносад,Чуз уак;и подшох, моли ятим.А дл донад, агар барад батамом,Фазл донад, агар кунад ба дуним.

Дар варианти халкии ин латифа персонажхои асосй Мушфикй ва козй мебошанд. Дар байни онхо фарки калоне дида намешавад. Х,одиса айнан такрор меёбад. Танхо дар варианти халкй шеър оварда нашудааст.

Чомй ба воситаи латифаи мазкур зулму истисмори табакахои болои чамъият, вазирон ва хокимони замонаашро тасвир кардааст.

У дар латифаи «Аз мурдахо шарм мекунам» нодонию бефахмй ва дигар хислатхои табибони замонаашро ба зери тозиёнаи танкид мегирад. Аз дасти хамин навъ табибони нодон одамони зиёд аз дунё чашм пушидаанд, ки шоир нисбат ба онхо бо нафрат сухан меронад.

Чомй дар поёни латифаи мазкур рубоие низ илова кардааст, ки ин чамъбасти фикри муаллиф дар бораи табибони замонааш мебошад. Дар байни латифаи халкй ва Чомй аз чихати забон низ чандон фарки зиёде нест.

Масалан, латифа дар варианти Чомй:«Табиберо диданд, ки хар гох ба гуристон расидй, ридо22

ба cap кашидй. Сабаби онро суол карданд. Гуфт:— Аз мурдагони ин гуристон шарм медорам, ки бар хар кй

мегузарам, зарбати ман хурдааст ва дар хар кй менигарам, аз шарбати ман мурдааст».

Дар латифаи халкй:

22 Ридо - чодире, ки бар душ гиранд; лунчи.

279

Page 280: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

«Як табиб хар вакт, ки аз пеши гуристон мегузашт, руяшро бо бари ч о м а а ш мепушонид. Рузе як хамрохи вай сабаби ин холро пурсид.

Гуфт:-Ман аз мурдахои ин кабристои шарм мекунам, зеро ки

аксарият аз доруворихои ман мурдаанд».Чунонки аз ин намунахо дида мешавад, мазмун ва мохияти

латифахои халкиро Абдуррахмони Ч,омй тапш р надодааст. Ш оир онро мохирона бо баъзе тафовутхои услубй дар «Бахористон» истифода бурдааст ва ба ин восита бо акидаю афкори халкй мехнаткаш хамфикр будани худро нишон дода, табибони чохили замонаашро мазаммат мекунад.

Байр аз ин, дар эчодиёти худ Чомй аз тамсилхои халкй ба хубй истифода бурдааст. ХаР як тамсили истифодашуда бо мавзуи асосии асари шоир алокаманд буда, аз ягон чихат онро пурра мегардонад.

Чомй ашхоси гумроху нодонро, ки аз руи мансаб ва сарват худро бузург ш уморида, ба дигарон бо назари таън менигаристанд, ба зери тозиёнаи танкид мегирад. Барои фош кардани сирати онхо латифаи халкии «Кур ва бино»-ро меорад. Нависанда ба воситаи асари халкй мардумони табакаи болои чамъиятиро ба фурутанй ва хоксорй даъват намудааст. Латифа дар варианти халкй ин тавр o f o 3 ёфтааст:

«Нобиное дар шаби торик бо фонус аз як кучаи пурлой мегузашт. Аз ру ба руи у касе баромад». Дар Чомй: «Нобиное дар шаби торик чароге дар даст ва сабуе бар душ дар рохе мерафт. Фузуле ба у расиду гуфт». Дар хар ду вариант чавоби нобино як аст. Дар варианти халкй:

«- Ман фонусро на аз барои худ, балки аз барои ту барин бинохои кур мебардорам, то ки ба ман бархурда ба лой нагалтонанд».

Дар варианти Чомй:«...ин чарог на аз бахри худ аст, аз барои чун ту курдилони

бехирад аст, то ба ман пахлу назананду сабуи маро нашикананд».

Аз намунахои овардашуда чунин ба назар мерасад, ки тафовут дар чавоби ин ду вариант асосан дар забон ва тарзи баён аст. Чавоби хар ду вариант танхо як мазмунро ифода

280

Page 281: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

менамоянд. Дигар, он ки дар хотимаи варианти Ч,омй мазмун ва идеяи асосии латифа аз тарафи шоир бо китъае чамъбаст карда мешавад.

Масалан:Холи нодонро зи нодон бех, намедонад касе,Гарчи дар дониш фузун аз Буалй Сино бувад.Таъни нобино мазан, эй дам зи биной зада,3-он ки нобино ба кори хештан бино бувад.

Fafip аз ин, Ч,омй дар китъаи мазкур аз зарбулмасали халкии «Девона ба кори худ хушёр» мохирона истифода бурдааст. Дар намунаи мазкур мисраи чорум айнан варианти зарбулмасали боло мебошад. Аз ин ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки зарбулмасали «Девона ба кори худ хушёр» дар асри XV низ дар шакли «Нобино ба кори хеш бино бувад» дар байни халк маълуму машхур будааст.

Услуб, воситахои тасвир ва ахамияги «Бахористон». Бояд гуфт, ки дар байни «Бахористон»-и Ч,омй ва «Гулистон»-и Саъдии Шерозй чи аз чихати услуби нигориш ва чи аз чихати мазмуну мундаричаи идеявй хамохангии бисёре мушохида мешавад.

Монандии ин ду шохасар, пеш аз хама, дар он аст, ки хар ду ба мавзуи панду ахлок бахшида шудаанд. Онхо мачмуи хикоятхои хурди ахлокй буда, хар як хикоят бо рубой, китъа ё байте чамъбаст карда мешавад.

Бо вучуди ин, онхо аз якдигар фарк хам доранд. Боби 7-уми «Бахористон» тамоман нав аст. Илова бар ин, Чомй дар огози хар як боб мукаддимачае илова кардааст, ки дар «Гулистон» ба назар намерасад.

«Бахористон» бо забони сода иншо шудааст. Аз ин чихат дар насри адабиёти асри XV ва умуман насри классикй беназир аст. Хонанда дар баробари аз онхо гирифтани панду андарзхои судбахш аз забони дилангез ва санъати суханварии нависанда рух мегирад. Масалан: «Рузе дар фасли бахорон бо чамъе аз дустон ва ёрон ба хавои гашт ва тамошои сахрову берун рафтем. Чун дар мавзее хуррам манзил сохтем ва суффа андохтем, аз дур саге онро дид ва зуд худро ба он чо расонид...».

Дар намунаи боло мо ягон калима ё ибораи душворфахмро281

Page 282: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

намебинем. Матн барои хдма равшан аст. Дар ин чо як лахзаи зиндагй, ба саёхати сахрою дашт бо дуст фасли бахорон баромадаии нависанда бо камоли махорат тасвир ёфтааст. Ч,омй аз санъати сачъ ба хубй истифода бурдааст: -«Фасли бахорон бо чамъе аз дустон ва ёрон», «хавои гашт», «сахрову дашт», «дид» ва «расонид» бо якдигар кофия шуда, хикоятро пуробуранг ва таъсирбахш кардаанд. Як мисоли дигар: «Сурхзанбуре бар магаси асал зур овард, то вайро туъмаи худ созад. Ба зорй даромад, ки:

- Бо вучуди ин хама шахду асал маро чй кадру махал, ки онро бигузорй ва ба ман рагбат орй?

Занбур гуфт:- Агар он шахд аст, ту шахдро конй ва агар он асал аст, ту

сарчашмаи онй!».Х,икояти боло мазмуни чукури ичтимой дорад. Ч,омй дар

ин хикоят дар образи сурхзанбур золимонро нишон дода, кирдорхои ношоистаи онхоро мазаммат мекунад. Золимони хунхор харгиз ба мардуми мехнатй рахму шафкат надоранд. Онхо монандй хамон сурхзанбур хамеша аз пайи ранчу озори занбурхои оддй, занбури асал, ки онхо неъматхои моддй, асал меофаранд, хастанд. Ч,анбаи ичтимоии \икоят аз ин нигох хеле пуркувват аст. Чомй ин гуна мазмунхои олиро ба воситаи тамсил пардапушона тасвир кардааст. Забой ва тарзи баёни хикоят равон ва басо латифу дилкаш аст. Махсусан, чумлаи охирини хикоят: -«Агар он шахд аст, ту шахдро конй ва агар он асал аст, ту сарчашмаи онй» каломи мавзунро ба хотир меорад. Дар ин чо ягон калима ё ибора бечо набуда, таносуби кавии онхо риоят шудаанд ва гушнавозиву хамохангии баёнро таъмин сохтаанд.

Панду андарзхои «Бахористон» хар як фарди чомеаро ба матонату устуворй, далерию ватандустй, ростию поквичдонй, хунаромузй даъват менамояд. Асари мазкур ба забонхои гуногуни халкхои дунё тарчума шудааст. Асар шухрати чахонй дорад.

282

Page 283: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ МУСАММАТ ВА НАВЪХОИ ОН

Мусаммат калимаи арабист. Он ба маънои ба ришта кашидани чизе ё цонахои тасбехрю дорад. Аммо хамчун истилох мачмуи шаклхои шеърист.

Хамин тавр, аз муссамат навъхои мусаллас, мураббаъ, мухаммас, мусадцас, мусаббаъ, мусамман, мутассаъ ва муашшар таркиб ёфтаанд.

Адибони гузашта ва имрузаи точику форс ин шаклхои мусамматро дар эчодиёти худ истифода бурдаанд ва мебаранд. Вале баъзе навъхои мусаммат дар эчодиёти адибон серистеъмол буда, кисми дигарашон хеле кам истифода бурда мешаванд. Метавон намунахои зиёдеро дар осори адибон пайдо кард, ки онхо дар навъхои мусаммати мусаллас, мусаммати мураббаъ, мусаммати мухаммас ва мусаммати мусадцас эчод шудаанд. Имруз хам ин анъана дар эчоциёти шоирони точик цавом дорад. Лекин навъхои мусаммати мусаббаъ, мусамман, мутассаъ ва муашшар кам истифода шудаанд ва имруз хам шоирон чандон ба ин навъх,о таваччух, надоранд.

Мавзуъхои мусаммат гуногунанд. Вале бештар цар он\о мавзуъхои панцуахлокй, ичтимой, тасвири табиат ва гайра инъикос ёфтаанц. Нисбати дигар навъхои мусаммат мухаммас мак,оми хоса дорац. Бахусус дар асрх,ои XVIII - XX ин шакли шеърй дар адабиёт рушду камол ёфт. Хатто адибон барои кувваи худро санчидан ва хунари шоирии худро нишон додан, ба газалхои шоирони маъруф мисли Саъдй, Амир Хусрав, Хофиз, Камоли Хучандй, Ч,°мй, Соиби Табрезй ва дигарон мухаммас мебастанд ё мухаммас эчод мекарданд. Имруз хам ин анъанаи ниёгон давом дорад.

М егуянд, ки шоири асри XII Манучех,рии Домгонй бунёдгузори ин навъи ацабист. Бисёр мусамматх,ои Манучехрй аз бандхои шашмисраъгй иборатанд ва ин навъ мусаммати мусадцас мебошад.

Мухаммас шакли шеъриеро мегуянд, ки хдр банди он аз панч мисраъ иборат бошад. М ухаммас мувофики мазмун ва салохдиди шоир 5-6 банд шуда метавонад. Тарзи кофиябандии он чунин аст: мисраъхои банци аввал хамкофияанц а а а а а,

283

Page 284: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

чор мисраи банди сонй хдмкофия буда, мисраи панчум ба мисраъхои банди аввал хдмкофия мешавад /б б б б а/. Ба хдмин тарик, мисраи бандхои охири дигар ба мисрахои банди аввал хамкофия хастанд. Аз хамин нуктаи назар мухаммаси «Намонд»-и Сайидоро аз назар мегузаронем:

1. Арбоби цудро1 ка фи гавуарфишон намонд.Дасти кушодае ба мууиту ба кон намонд.Дар рузгори мо зи мурувват нишон намонд.«А з уиммати баланд асар дар цауон намонд,Як сарв дар саросари ин бустон намонд».

2. То чугзтинатон ба фазой чаман шуданд, Чун сабза сояпарвари сарву суман шуданд, Гулуо зи баски уамдами зогу заган шуданд, «Мургони нагмасанц цалои ватан шуданд, Чуз байзаи шикаста дар ин ошиён намонд».

3. Аз аули дил намонд дар ин хокдон нишон, Бастанд обу ойина рахти худ аз миён, Хуршед гуфт вщти видоаш ба осмон: «Равшандилон чу барк, гузаштанд аз миён, Хокистаре ба цои аз ин корвон намонд.»

4. Аз дидаи басирати23 мо хоб шуд равон,А бёт аз сафина24 чу симоб шуд равон,Таурир аз сах;ифа чу хуноб шуд равон,«Аз чашми сурмавори давот об шуд равон, Ширинзабонии цалами нуктадон намонд».

5. Эй Сайидо, ту дил ба мацоми нацот каш! Пой аз миёни тоифаи бесубот каш!Чун Хизр рахти хеш ба оби х,аёт каш! «Соиб, забони хома ба коми давот каш, Имруз чун суханталабе дар цах,он намонд».

23 Басират - фаросат, дониш, биной, хирад.24 Сафина - киштй.

284

Page 285: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Шарти асосии шоири мухаммасбанд, пеш аз хама, дар он аст, ки бояд ба мазмун, вазн, кофияю радифи газали интихобшуда мухаммас ё байтхои овардаи худро мувофик кунад. Сайидо тамоми конуниятхои зикршударо ба хубй ичро кардааст ва мухаммаси бисёр олй офаридааст.

С А ВОЛ В А СУПОРИ11ЩО

1. Кадом асархои Чомиро дар синфхои поёнй хондаед?2. Дар бораи Чомй хдмасронаш чй гуфтаанд?3. Ба эчодиёти адиб шаркшиносон чй гуна бахо додаанд?4. Мазмуни хикояти «Хамсаи мутахайира»-ро накл кунед.5. Тахсили Ч,омй дар Самарканд чй хел гузашт?6. Чаро Ч,омй ба дарбор нарафт?7. Хислатхои ибратомузи Чомиро хикоят кунед.8. Хизмати Ч,омй хамчун олим ва донишманд дар чист?9. Аз адиб чанд девон бокй мондааст?10. «Хафт авранг»-ро Ч,омй дар пайравии кадом шоирони

гузашта иншо намудааст ва аз онхо чй фарк дорад?11. Чаро газал дар эчодиёти Чомй мавкеи асосй дорад?12. Мавзуъ ва хусусияти газалиёти адибро фахмонед.13. Идеяи шохи одил аз кучо сарчашма мегирад ва пеш аз

Чомй кадом адибони гузашта ин идеяро илко намудаанд?14. Фарки шохи одили Чомй ё Искандари Чомй аз дигар

Искандархо дар чист?15. Чомй дар бораи муносибати устоду шогирд чй мегуяд?16. Чаро чамъиятеро, ки Ч °м й Дар «Х ирадномаи

Искандарй» тасвир кардааст, хаёлй мегуянд?17. Чомй «Бахористон»-ро дар пайравии кадом асари адиби

гузашта навиштааст ва ба чй максад?18.Монандй ва тафовути ин ду шохасар дар чист?19. Мавзуи асосии бобхои «Бахористон»-ро накл кунед.20. Боби хафтуми «Бахористон» чй ахамият дорад?21. Нуктаи назари Чомй дойр ба масъалаи таъйин намудани

хокимон ва рохбарони давлат аз чй иборат аст? Ин фикр оё имруз кимату арзиш дорад?

285

Page 286: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

РУЙХА ТИ АДА БИЁТИ ИЛМ И В А МЕТОДИ

1. А. Афеахзод. Рузгор ва осори Абдурах,мони Ч,омй, «Дониш», Душанбе, 1980.

2. А. Афеахзод. Тахдввули афкори Абдурахмони Ч,омй. «Дониш». Душанбе, 1981.

3. Ш. Тагоев. Таълими эчодиёти Абдурах,мони Ч,°мй дар синфи VIII, «Ирфон». Душанбе, 1973.

4. Т. Миров. Дастури методии «Адабиёти точик барои синфи 9», «Маориф». Душанбе, 1986.

286

Page 287: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

АЛИШЕРИ НАВОИ (1441-1501)

Тарчумаи х,ол. Низомиддин Алишери Навой сардафтари адабиёти классикии узбек буда, бо асархои барчастааш дар таърихи адабиёти узбек макоми арзаида дорад.У соли 1441 дар шахри Хирот ба дунё меояд. Падари Навой Кенча-баходур яке аз амалдороии дарбори Темуриён буда, аз хату савод дастмояе надошт. Вале, бо вучуди бесавод буданаш, дар таълиму тахсили фарзандаш саъю кушиши зиёде кард. Навой

тахсили ибтидой ва миёнаро дар Х^рот гирифта, пас ба Машхад меравад. У дар он чо дар дарбори Абулкосим Бобур Мирзо хизмат карда, инчунин тахсили худро давом медихад. Махсусан, ба омухтани эчодиёти адибони бузурги форс-точик Низомии Ганчавй, Амир Хусрави Дехлавй, Камоли Хучандй, Хофизи Шерозй пайваста машгул мегардад. Навой аз онхо сехри каломи мавзун, санъати суханварй ва тарзу усули образофариро омухта ва дар пайравии онхо шеърхои аввалини худро иншо кард. Байр аз ин, Навой дар ин чо дар сухбати олимон, шоирон иштирок намуда, аз онхо дарси зиндагй мегирад. Дар хамин чо Навой девони аввалини худро тартиб медихад. Вале аз сабаби номусоидии хаёти сиёсиву ичтимой, чангу хунрезихои Абусаид Мирзо дар хамон сол шахри Х иротро тарк карда, рохи Самаркандро пеш мегирад. Дар Самарканд Алишери Навой боз ба тахсили илму адаб машгул шуда, дар назди яке аз олимони машхури замон - Хоча Фазлуллохи Абулайс илми фикхро аз худ мекунад.

Хангоме ки соли 1469 Хусайни Бойкаро (Навой бо у якчоя тахсил карда, инчунин ширхора низ буданд) ба Хирот омада, ба маснади подшохй менишинад, Навоиро ба дарбор даъват менамояд. У дар дарбори Хусайни Бойкаро вазифаи мухрдориро ба ухда мегирад. Махз дар хамин давра Навой бо Абдурахмони Ч,омй дустй пайдо карда, муриди у мешавад.

Алишери Навой шахси инсондуст ва раиятпарвар буд. Хангоми ичрои корхои давлатдорй ба халкй бечора хубию

287

Page 288: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

некихо кард. Масалан, соли 1470 аз зулму истисмори амалдорон ва хокимон, гирифтани андозхои зиёд хаёти иктисодии халк нихоят вазнин гардид ва онхо ба мукобили хамаи ин бедодгарихои золимон шуриш бар доштанд. Танхо бо тадбирхои окилонаи Алишери Навой шуриш хобонда шуд. Навой ба Султон Х,усайни Бойкаро маслихат дод, ки пеш аз хама золимонро чазо дихад, андозхои халкро то андозае кам кунад. Пас аз ин дар байни халк обруи Навой зиёд шуда, уро беш аз пеш хурмату эхтиром мекардагй шуданд.

Алишери Навой соли 1472 ба мартабаи вазирй мерасад. Махз дар ин давра то андозае вазъи сиёсиву ичтимой осуда гардида, хаёти маданй ва адабй хеле пеш рафт. Аммо бисёр корхои Навой боиси хашму газаби шоху амалдорони давлат гардид. Аз пайи ранчу озори у шуданд. Хокимону вазирон дар назди шох хар гуна тухмату бухтон мекарданд. Бо хамин сабабхо Навой соли 1476 аз мансаби вазирй даст кашид. Дар муддати 11 сол корхои давлатиро ба як тараф монда, ба эчод намудани асархои илмй ва адабй машгул гардид. Махз дар хамин давра асари панчгонаи худ «Хамса»-ро навишта ба охир мерасонад. Ба хамаи ин каноат накарда, Хусайни Бойкаро Навоиро хокими Астаробод таъйин мекунад. Навой дар Астаробод танхо як сол меистад ва соли 1488 боз ба Хирот меояд. У то охири умраш дигар ба корхои давлатй машгул нашуда, вакти худро ба эчод намудани асархо сарф мекунад.

Алишери Навой мохи январи соли 1501 дар шахри ХИР°Т вафот мекунад.

Мероси адабии Навой (Фонй)Низомиддин Алишери Навой ба забони точикй-форсй

тахсил карда, забони арабиро хам хуб медонист. У кобилияту истеъдоди ачиб дошт. Аз худ кардани илмхои гуногун, аз бар намудани абёти зиёди шоирони точику форс чашми Навоиро ба шохрохи шеъру шоирй кушод. Илова бар ин, хамчун Абдурахмони Ч,°мй устоде дошт, ки дар пешрафти эчодии у сахми арзанда гузошт. Навой аз хурдй ба шеър гуфтан o f o 3 кард. У хам ба забони точикй-форсй ва хам бо забонй туркй шеър эчод мекард. Адиб дар шеърхои точикй-форсй Фонй ва туркй Навой тахаллус интихоб кард. Азбаски Навой бо ду забон шеър

288

Page 289: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

мегуфту асар эчод мекард, хамзамононаш ба у тахаллуси иловаги-«зуллисонайн» (сохиби ду забон) дода буданд.

Алишери Навой аксарияти асархояшро ба забони модарй - туркй иншо кардааст. То замони Навой бо забони туркй-узбекй эчод намудани достонхои хачман бузургро (фалсафй, ахлокй, ишкй) гайриимкон мешумориданд. Навой аввалин шуда ин назарияро нодуруст шуморида, барои исботи ин панч достон эчод мекунад. Онхоро Навой дар пайравии «Хамса»-хои Низомии Ганчавй, Хусрави Дехлавй ва «Хафт авранг» - и Абдурахмони Ч,омй иншо кардааст.

«ХАМСА»

«ХДЙРАТУЛАБРОР» (Хдйрати накукорон)

(1483)

«Лайли ва Мачнун» (1483)

«Фарход ва Ширин» (1484)

«Сабъаи сайёра» «Садди Искандари»(хафт сайёра) (1485)

(1486)

Ч,амъи абёти «Хамса» зиёда аз 27 хазор байтро ташкил медихад. Fafip аз ин, дар забони туркй- узбекй чахор девон дорад, ки мачмуи асархои лирикии шоир буда, 24 хазор байтро ташкил медиханд. М аснавихои «Лисонуттайр» («Забони мургон»), «Панднома», «Чихил хадис», «Махбубулкулуб» низ ба калами у тааллук доранд. Навой инчунин ба забони модариаш дар бораи хаёту эчодиёти нависандагони хамзабонаш «Мачолисуннафоис» ва оид ба коидаю конуни вазни аруз «Мизоиулавзон»-ро меофарад.

Мундаричаи идеявии ашъори форсй-точикии Навой (Фонй)

Навой як кисми асархояшро ба забони точикй-форсй эчод кардааст. Аз мутолиаи ашъори точикии адиб равшан мегардад, ки у хусусияти назми моро хеле хуб медонистааст. Худи шоир ба ин маънй ишорат карда чунин мегуяд:

Магнии ширину ратинам ба туркй беуад аст,Форсй хам лаглу дурной самин, чун бингарй.

289

Page 290: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Гуиё дар ростбозори сухан бикшудаам,Як тараф дукони цаннодиву як су заргарй.

Девони точикии Навой бо номи «Майдони балогат» шухрат дорад ва кариб чор хдзор байтро дар бар мегирад. Дар девони шоир газал мавкеи асосй дорад. Як хусусияти му*ими девони Навой аз он иборат аст, ки адиб пеш аз хар як газал ба кадом шоири гузашта пайравй карда эчод карданашро зикр мекунад. М асалан, «Татаббуи М ир Х усрав1», «Татаббуи хазрати Махдумй2» ва гайра.

Газалхои Навой бештар дар пайравии газалиёти Амир Хусрав, Саъдй, Х°физ, Камоли Хучандй ва Ч,омй эчод шудаанд. Мавзуъхои газалиёти Навой гуногунанд. Вале шоир бештари онхоро дар мавзуи ишксурудааст. Шоир баъзан дар газалхояш лирикаи ишкиро бо лирикаи ичтимой омезиш медихад. Ин хусусият дар хамаи газалхое, ки дар пайравии Хофиз гуфтааст, ба назар мерасад. Масалан, дар ин байт шоир аз носозихои замон, фитнаю найранг, тухмату бухтонхои як гурух одамони пастфитрати рузгораш шикоят карда, орзу дорад, ки онхо росткору росткавл, монанди алиф, мисли кади ёраш рост бошанд:

Кацциву кутауии давр малулам доранд,Рост хоуам, алифи цомати дилдор куцост?

Навой дар газалиёташ зебоихои хаётро бо як хиссиёти баланд тараннум мекунад. Адиб омадани бахору шукуфтани гулхои рангорангро васф карда, одамонро даъват мекунад, ки умри инсон ганимат аст, аз ин зебоихои хаёт бахра бояд бурд:

Омад ба.\ори дилкашу гулуои тар шукуфт,Дилуо аз он нишот зи гул бештар шукуфт.Дил аз сабоуати3 рухи хубат кушода шуд,Монанди гунчае, ки ба вацти сауар шукуфт.

Китъа ва рубоиёти Навой низ содаю равон буда, дар мавзуъхои гуногун суруда шудаанд. Шоир дар китъаоти худ

1 Мир Хусрав - Амир Хусрави Дехлавй.2 Х,азрати Махдумй - Абдурахмони Ч,омй.3 Сабо^ат - хушруй, дилкашй, сафедчехрагй.

290

Page 291: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

хислатхои начиби инсониро тараннум карда, дар баробари он тамаъкорй, мардумфиребй, дуруггуй, золимй барин сифатхои пастро мазаммат намудааст.

Чавонмард аз карам муфлис нагардад,Сахиро аз ато чин нест дар чеур.Ба пошидан чй нуцс4 о яд ба даре,Ба афшондан чй кам гардад зари меур?

«Тухфатулафкор»Дар байни асархои точикии Алишери Навой касидаи

«Тухфатулафкор» аз чихати мазмуну мундарича баландтар меистад. Таърихи навишта шудани касидаашро Навой дар «Хамсатулмутахайирин» ба тарики зайл овардааст;

«Рузе ман дар хидмати он кас (Абдурахмони Ч,омй) будам. Аз хар дар сухан мерафт. Дар омади сухан ман «Дарёи аброр» ном касидаи Хусрави Дехлавиро аз хад зиёд таъриф кардам...».

Хам дар он рузхо подшох ба сафари Марв тайёрй дида, маро хам хамрохи худ бурданй шуд. Ман барои ичозат гирифтан ба пеши он кас (Ч,омй) раф там. Д ар вакти баргаштанам аз багали худ як чузъ когаз бароварда доданд. Кушода дидам, касидаи «Луччатуласрор», ки хамон рузхо дар чавоби касидаи «Дарёи аброр» навишта буданд...

Савор шуда ба рох баромадам, то манзил бар болои асп он касидаро хондам ва дар аснои хониш матлаи (байти аввали) касидаи «Тухфатулафкор» ба хотир омад. Баъд аз ба манзил фуромадан он матлаъ ба он кас навишта фиристода шуд, ки агар писандад, ишорат кунанд, тамом намоям.

Факир то ба Марв расидан он касидаро ба номи он кас тамом карда, ба хидмати он кас навишта фиристодам».

Навой дар касидаи «Тухфатулафкор» фикру мулохизахои сиёсиву ичтимой ва пандуахлокии худро баён кардааст. Дар касида мехру мухаббати шоир нисбат ба ахли хунар, дехкон ва дармондагон хис карда мешавад ва дар баробари ин дар бораи шохону хокимони золим бо нафрату адоват сухан меронад:

Хоца дил дар вацуу cap афканда пеш аз фикри худ,Садр5 аз баури тамаъ биншаста чайте бар дар аст.

4 Нукс - нуксон, камбуди.5 Садр - мансабдор, болонишин.

291

Page 292: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Дар байти боло Навой намояндаи ду табакаи чамъиятро бо хдм мукобил гузошта, хислатхои хар кадоми онхоро нишон дода мегузарад. Хоча - марди факир, мехнаткаш буда, дар фикри хеш банд аст. Вале садр - хоким, сохибмансаб хамеша чашмаш ба дар интизори чизе ё касест.

Шоир воизонро ба зери тозиёнаи танкид гирифта мегуяд, ки фарки онхо аз дигар тамаъкорон танхо дар он аст, ки воизон болои минбару онхо поёни минбаранд:

Воизу томеъ6 гадои нон бувад, фар цат кам аст,К-ин ба зери минбар омад, он фарози минбар аст, Тухми расвой дих,ад бар донаи mac без;и зарц1,Оре, оре, дона цинси хешро боровар аст.

Навой шохи золимро ба хук ва одилро ба марди дехкон ташбех намуда, аз санъати тазод ва мукобала ба хубй истифода бурдааст:-

Золиму одил на яксонанд дар таъмири мулк,Хук дигар дар шиёри8 мулку дещ он дигар аст.

Дустию хамкории Ч,омию НавойАлишери Навой забону адабиёт, илму санъати халкй

точикро ба хубй дониста, дар пайравии адибони бузурги гузашта асархои пурарзиши худро иншо намуд. Дустию рафокати Навой бо Ч,омй намунаи барчастаи мухаббати инсон ба якдигар аст. Навой аз Ч,омй 27 сол хурд аст. У аз Ч,омй таълим гирифтааст. Мактаби адабие, ки устоду шогирд дар Хирот ташкил карда буданд, дар он намояндагони ин ду халк таълим мегирифтанд.

Махз бо ташвику таргиби Абдуррахмони Ч,омй Навой асархои бузургашро ба забони туркй-узбекй иншо кард. Аз муваффакиятхои эчодии Навой Ч,омй шоду масрур гардида, бо камоли эхтиром дар анчоми достони «Хирадномаи Искандарй» чунин мегуяд:

6 Томеъ - тамаъкор, харис.7 Зарк,, - фиреб, найрангбозй, макр, хила.8 Шиёр - замини шудгоршудаву палкашида.

292

Page 293: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Суханро, ки аз равнак, афтода буд,Ба кунци уавон9 рахт бичу ода буд,Ту додй дигарбора ин обруй!Кашида ба майдони ин гуфтугуй!

Алишери Навой хдр як асари нав иншокардаашро аз назари устоди худ - Ч,омй мегузаронд ва бо маслихатхои судбахши у асархояшро такмил кард. Мусаввадаи асархои Ч,омиро Навой мутолиа карда, баъзан фикру андешахояш ро ба устоди кадрдонаш изхор мекард. Муносибати байни онхо на хамчун устоду шогирд хуб буд, балки онхо нисбат ба якдигар дустони наздику бовафо низ буданд. Навой яке аз аввалин касонест, ки асархои устодашро ба забони туркй-узбекй тарчума намудааст. М асалан, тарчумаи асархои «Н афахотулунс» ва «Шавохидуннубувват» ба калами у тааллук доранд. Хднгоми тарчума забони фасеху каломи лутфомези Ч,омиро ба хубй нигох доштааст.

Алишери Навой пас аз вафоти Абдуррахмони Ч,омй дар байни солхои 1493-1494 «Хамсатулмутахайирин»-ро иншо мекунад. Ин асар ба хотираи устоди бузургвораш бахшида шудааст.

Алишери Навой чандин сол дар дарбори Х,усайни Бойкаро вазир буд. Вай дар ин муддат ба халк некихои зиёде кард. Навой дар хар як кори давлатй бо Ч,омй маслихату машварат мекард. Нихоят игвои хасудон, корхои бехирадонаи султон ба дили Навой мезанад ва у дарборро тарк карданй мешавад. Вале, хангоме ки у бо Ч,омй маслихат мекунад, ризогй намедихад, зеро барои осоиши халк ва ободии мулк будани чунин вазирони хирадманди некандешро лозим мешуморад.

Дустии байни Навой ва Ч,омй то лахзахои охири хаёташон катъ нагардид. Навой дар марги^стодаш ашки хасрат мерезад ва то як сол азодорй мекунад. У дар вафоти Ч,°мй марсияи пурсузу гудоз эчод мекунад.

Ба хамин тарик, дустию хамкории ин ду фарзанди баруманди точику узбек барои мустахкам гардидани муносибатхои ин ду халк сахми босазо гузоштааст. Ин дустию хамкорй имруз хам инкишоф ёфта, мустахкам мегардад.

9 Х,авон - хорй, беиззатй

293

Page 294: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

С А ВОЛ В А СУПОРИШ

1. Кудакй ва наврасии Навой чй хел гузашт?2. Навой дар кучо тах,сил намуд ва кадом забонхоро

.медонист?3. Поёни умри Навой чй гуна гузашт ва у дар кучо вафот

намуд?4. Навой кадом асарашро дар бораи Ч,омй иншо намудааст?5. Муносибати Навой ба Ч,омй чй хел буд?6. Кадом хислатхои Ч,омиро Навой ситоиш намудааст?7. Дар бораи дустии ин ду тан шумо чй акида доред?8. Ба фикри шумо имруз дустии халкхои точику узбек чй

гуна аст?9. Мероси адабии Навоиро асосан кадом асархо ташкил

медихднд?10. Мавзуи газалхои точикии Навоиро гуед.11. Адиб дар китъаю рубоиёташ бештар ба кадом масъалахо

ахамият додааст?12. Таърихи навишта шудани касидаи «Тухфатулафкор»-ро

хикоят кунед.13. Навой дар ин касида кадом масъалахоро бештар мавриди

мухокима карор додааст?14. Назира чист?15. Оё дар замони мо дар адабиёти точик назирагуй вучуд

дорад?

РУЙХА ТИ АДАБИЁТИ ИЛМ Й В А МЕТОДЙ:

1. С. Айнй. Навой, Куллиёт, чил. 12, «Ирфон», Душанбе, 1978.

2. А. Афсахзод. Рузгор ва осори Абдуррахмони Ч,омй, «Дониш», Душанбе, 1980.

3. А. Афсахзод. Тахаввули афкори Абдуррахмони Ч,омй. «Дониш», Душанбе, 1981.

4. Е. Э. Бертельс. Джами и Навои.5. Т. Миров. Дастури методии «Адабиёти точик барои синфи

9». «Маориф», Душанбе, 1986.

294

Page 295: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ХУСАЙН ВОИЗИ КОШИФИ (1420-1505)

Хусайн Воиз соли 1420 дар дехаи Байхдки вилояти Сабзавори Хуросон ба дунё омад. Волидайни Кошифй аз табакди миёнаи ахолй буда, ба кишту зироат ва чорводорию богпарварй машгул буданд ва чархи зиндагиаш онро пеш мебурданд. Хусайн дар зери болу пари падару модар ба воя расид, м актабхон шуд ва дар зодгохаш хату савод пайдо кард. Зехни бурро ва акли расо дошт. Осори пешиниёнро омухт ва наклу ривоятхои

зиёди таърихиро дар бораи кахрамонони гузаштаи миллат: Абумуслим, М уканнаъ, Сунбоди Муг, С арбадорон , Темурмалик ва дигарон мехонд ва хис менамуд. У хатто дар хамин давра «Куръон»-ро аз ёд намуд ва гох-гох дар байни хамсолон ва шарикдарсонаш аз «Куръон» тиловат мекард. Забонаш бурро ва лахни хонишаш хушоянд буду дар сомеон таъсири хуб мегузошт. Ба кироати у хусну таваччухи калонсолон хам афзун буд ва дар баъзе маъракахо онхо аз у хохиш мекарданд, ки оёти «Куръон»-ро барояшон тиловат кунад. Ахли дех аз хамон давра дусташ доштанд ва эхтиромаш мекарданд.

Баъд ба Сабзавору Машхад омад ва дар назди донишмандон илму адаб омухт, аз сирру асрори бисёр масъалахои илмиву адабй вокиф гашт ва ру ба зинаи камолот ниход. Дар ин айём хам солортар шуду донишу маърифаташ камол ёфт. Ба нигорандагй ва шеърнависй пардохт. Дар мачолису маъракахо дар байни адибон аз адабиёт кироат мекарду ба маслихати бузургон гуш медод, аз онхо меомухт. Дар Машхад хамчун воиз шухратманд гардид. Пас аз намози чумъа масчиди чомеи Машхад, ки лабрези намозхонон буд, боз соате чанд гуш ба ваъзи Хусайн доштанд. Воизй хунари осон нест. Барои воиз шудан бисёр хондан, бисёр донистан лозим. Китобхои фикх, илохиёт, хулафои мутакаддиму мутаахирин, шайхону уламои сохибноми исломро донистану омухтан даркор. Хусайни чавон аз ин сарчашмахо хеле хуб бархурдор буд. Хамин тавр, дар

295

Page 296: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

солхои 1455 то 1468 Х,усайн дар Нишопур монд. У хам илм омухту хам воизй кард, вале бисёр дилаш мехост ба пойтахти Хуросон шахри овозадори Хирот, ба зиёрати Хдзрати Мавлоно Чомй биравад ва пеши эшон халкаи шогирдй ба гуш занад.

Хамон сол, яъне соли соли 1468 ба мурод расид. Ба Хирот омаду ба дидори Мавлоно Ч,омй шарафёб гашт. Хамин тавр, у то поёни рузгор яке аз дустон, хамсухбатон ва мухлисони Ч,омию Навой гашт.

Хусайни Воизи Кошифй дар ин шахри ободи адабпарвар дар байни уламою удабо макому манзалат ёфт, чойгохи хешро дар байни онон муайян кард. Боз дар мактаби адабии Ч,омй макоми арзанда дошт. У ба толибилмон, шоиру нависандагони чавон дар Мадраса даре мегуфт. Вакти бокимондаи хешро ба таснифи асархо сарф мекард. Овозаи воизй ва кироати волои у ба шахрхои М овароуннахру Хуросон, Эрону И рок ба ва пойтахтхои кишвархои мусулмонй пахн гашт ва уро омада ба он чойхо мебурданд.

Зайниддини Махмуди Восифй, ки яке аз шогирдони наздики Хусайни Воиз буд нозукихои хунари воизиро аз у омухта буд, дар бораи устоди худ дар «Бадоеъулвакоеъ» наклу хикоёти зиёд овардааст. У дар хар шахру диёре, ки мерафт хешро шогирди Мавлоно Кошифй муаррифй намуда ваъз мегуфт. Дар бисёр мавридхо уламою удабо Восифиро аз хотири устодаш эхтиром мекарданд.

Хусайни Воизи Кошифй дар тули рузгори хеш зиндагии хоксоронае дошт. То тавонист ба мухточон, дарвешон кумаки моддй расонд. Дар доирахои адабй, дар бахсу мунозираи удабою уламо иштирок мекард, вале дар сухан гуфтан сабру тахаммулро ихтиёр намуд, сад бор суханро месанчиду пасон ба забон меовард.

Кошифй оилаи хуб дошт. У хохари Абдурахмони Ч,омиро ба занй гирифта, аз у фарзандони хубрую солех ёфта буд. Нависанда Мавлоно Фахридцин Алии Сафй муаллифи китоби «Латоифуттавоиф» фарзанди Хусайни Воизи Кошифист. Алии Сафй дар воизй касби падарро хунармандона аз худ карда, дар нимаи дувуми асри понздах дар М овароуннахру Хуросон сохибном ва маъруфу машхур гардида буд.

Хусайн Воизи Кошифй умри дароз дид ва соли 1505 дар шахри Хироти Афгонистон вафот кард.

296

Page 297: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

МЕРОСИ ИЛМИ ВА АДАБИИ КОШИФИ

Хдмон тавре, ки дар боло ишорат шуд, Хусайн Воизи Кошифй донишманди мумтоз ва нависандаи маъруфи адабиёти точику форс махсуб меёбад ва зиёда аз 40 асари илмию адабй офаридааст, ки дар зер мухимтарин асархои Кошифиро зикр хохем кард:

1. «Сабъаи Кошифй». Ин асар соли 1473 - 1504 навишта шуда, дар бораи илми нучум бах.с мекунад. Дар ин асар мухдккик дар бораи хдфт ситора маълумот дода, хусусиятхои хоси онхоро баён кардааст. Хамин тавр, хонанда мувофики инкишофи илми онруза дар бораи ситорахои хафтдодарон маълумоти муфассали илмй ва амалй мегирад. Умуман, дар асри XV илми нучум хеле пеш рафт. Дар расадхонаи Мирзо Улугбек бисёр донишмандони сохибном, чун Алии Кушчй, Козизодаи Румй ва Хусайн Воизи Кошифй кор карда, вазъи чирмхои осмониро муайян менамуданд ва пасон мисли Кошифй андешахои худро дар асархояшон чамъбаст мекарданд.

2. Метавон бо камоли боварй зикр кард, ки Кошифй дар пешаи тафсири «Куръон» камназир будааст. «Тафсири Хусайнй» яке аз шохкорихои ин донишманд буда, тайи беш аз 500 сол аст, ки дар кишвархои ислом дар байни муслимин даст ба даст мегардад ва маълуму машхур аст. «Тафсири Хусайнй» дар байни солхои 1492-1494 иншо шудааст. «Куръон»-ро тафсир намудан кори хар кас нест. Бояд тафсиргар дониши комил дошта бошад ва боз аз илмхои дигар, фархангу адабй халклои мухталифи кишвархои ислом вукуфи тамом дошта бошад. Кошифй аз ин илмхо бархурдор буд ва тавонист ин асари бузургро офарад. Кошифй пеш аз

3. Хусайн Воизи Кошифй соли 1470, яъне дар 50- солагиаш ба тафсиркорию тарчумаи асархои ахлокию динй даст задааст. У чил хадиси Расули акрамро аз забони арабй ба точикй ба назму наср баргардонида, онхоро бо далелу бурхонхои котеъ шарх додааст. Хадисхои пайгамбар Мухаммади Мустафо, ки дар мавзуъхои ахлокй будаанд, аз тарафи Кошифй бо абёти адибони бузурги гузашта ва муосираш ба хонандагон фахмонда шудаанд. Ин рисола бо номи «Рисолатулилмия фи аходисиннабавия» машхур мебошад. Мазмун ва мухтавои

297

Page 298: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ходисахои он ин аст, ки Расули Худо дарёфти дониш ва амалй гардондани онро зарур медонад.

4. Номанависй ё иншонигорй яке аз илмхои мухими аерхои миёна буд. Вале дар бораи хусусиятхои илмй ва назарии ин фан маълумот хеле кам буд ва ахли калам ба чунин асархои назариявй ниёзи сахт доштаанд. Кошифй ин камбудиро дарк кард ва дойр ба хамин илм «Махзанулиншо»-ро офарид. Асари мазкур хам чанбаи назарй ва хам амалй дорад. Муаллиф аз нигохи назарй хусусиятхои иншонигорй, номанависй, сабку усули хосаи ин фанро баён намуда, пасон дойр ба хар як навъи он мисолхои мушаххас меорад, ки бисёр андешахои мутафаккир имруз хам кобили кабуланд ва ахамияти калони назарй ва амалиро доро мебошанд.

5. «Бадоеъулафкор фи саноеъулашъор». Ин асар чанбаи назарй ва хам амалй дорад. Мусаллам аст, ки дойр ба илми адабиётшиносй хануз дар аерхои X-XI асархои пурарзиш офарида шуда буданд. Ин анъана дар асри XV хам давом ёфт. Асари «Бадоеъулафкор» махз ба хамин мавзуъ бахшида шудааст. Аз нигоришоти Кошифй равшан мегардад, ки у ин мавзуи мураккаби адабиро хеле хуб медонистааст. Кошифй андешахои мухаккикони аерхои пешинро омухта, онхоро аз нигохи нав, аз нуктаи назари танкидй халлу фасл намудааст. Кошифй дар бораи 300 санъати бадей маълумот дода, хар як санъати бадеиро бо мисолхои мушаххас ба хонанда мефахмонад. Хусайн Воиз ин асарро соли 1489 иншо намудааст.

6. «Саргузашти Хотам». Ин асар дар байни мардум машхур аст. Дар бораи Х°тами Тай дар байни халкхои Арабу Ачам наклу ривоятхои зиёд мавчуд аст. Хотам хамчун шахеи таърихй дар асри VII дар А рабистон зиндагй мекард. У марди саховатпеша ва накукор буд. Вале ба ин дарачае, ки дар бораи у ровиёну нокилон, адибону таърихнигорон нигоштаанд, набудааст. Яъне дар масъалаи чуду саховат нигорандагони аерхои пешин ба муболига рох додаанд ва бехтарин андешахои хешро дойр ба мавзуи чуду сахо дар накши Хотам ба калам додаанд ва уро ба як шахеи афсонавй монанд кардаанд.

Ин асари Хусайни Воизи Кошифй бо чанд ном зикр шудааст. Онро гох «Хотамия», «Саргузашти Хотам» ва «Хотами Тай» ном мебаранд. Шояд дурусттараш «Саргузашти

298

Page 299: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Х^отами Тай» бошад. Дурустии ин ном аз он хотир аст, ки вокеъан Хотам хдмчун шахси таърихй ба кабилаи Тайи араб мансуб аст. Х°там шоир буду марди саховатпеша, ана хдмин чиз уро дар дунё машхур кард. У пеш аз вуруди Ислом рузгор дошт. Пас аз маргаш дар байни мардуми араб дар бораи саховатмандии Х °там наклу ривоёт пайдо шудаанд. Баъд, бо омадани Ислом ба сарзамини Мовароуннахру Хуросон, дар байни ахолй наклу ривоятхо дар бораи Хотам пах,н шуд ва хдмин тавр то асри XV, то замони Хусайни Воизи Кошифй омада расидаанд. Бештари ин наклу ривоятхо бо забони арабй буданд. Кошифй онхоро гирд овард, омухт ва ба забони точикй тарчума намуд. Хамин тавр, дар натичаи саъю талошхои зиёд, мехнату захмати нависанда китоби хондание бо номи « Саргузашти Хотами Тай» ба вучуд омад.

Аз нигох,и сабки нигориш «Саргузашти Хотами Тай» мисли асарх,ои насрй ривоя ги кисса андар кисса ё хикояти андар хикоят аст. Барои фахмидани мазмуну мохияти як хикояти аввал чандин хикояти дигарро бояд мутолиа кард. Онхо ба хдм чун лаълпорахои ба як ришта кашидашуда ё донахои тасбех шабех хастанд. Аммо як фарки назарраси асари Кошифй аз онхо дар он аст, ки хамаи хикояту ривоят дар гирду атрофи як шахси таърихй - Хотам шомил гардидаанд. Бисёр навоварию тозакорихо аз лихози забон ва тарзи гуфтор ба сабки баёни Хусайн Воизи Кошифй хос аст. Метавон асари Кошифиро аз нигохи забону тарзи баён дар байни насри ривоятй ва насри адабй ба як шохпул монанд кард. Баъзе киссахои он ба повесту романхои имруза монанд мебошанд. Чунин асархо дар рузгори пешин барои мардуми оддй, камсавод дастрас буд ва суди беш хдм меовард. Дар маъракаву чамъомадхо, дар масчиду бозорчойхо бозори киссахонон хеле гарм буд, ки яке аз асархои хонданй хамин «Саргузашти Хотами Тай» махсуб шуд. Бештари адибони бузурги мо аз ин файз бахра бурда бурданд ва пасон бо камоли ифтихор он рузхоро ба ёд меоварданд.

«Саргузашти Хотами Тай» аз хафт боб иборат аст. Хар як кием мустакил буда, дар онхо кору рафтори Х,отам инъикос ёфтааст. Агарчи ин хафт боб мустакиланд, боз бо хам аз нигохи мавзуъ, максади ягона доштанашон ва кахрамони асосй Хотам буданашон пайванданд.

299

Page 300: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

«АХЛОКИ МУХСИНИ»

Асари мазкур низ дар мавзуи панду ахлок, аст. Он соли 1500 иншо гардидааст. Асар аз мукадцима ва чил боб таркиб ёфтааст. Хар як боб ба мавзуъи алохида бахшида шудааст. Нависанда дар огози хар як боб мавзуъро аз нигохи назариявй матрах менамояд ва пасон барои тасдикд фикраш хикояти пандомезе меорад. Дигар, дар мобайн ва анчоми хикоёт порчахои шеърй аз эчодиёти худаш ё аз эчодиёти адибони пешин, мисли Шахиди Балхй, Абушакури Балхй, Абулкосим Фирдавсй, Хоконии Шервонй, Низомии Ганчавй, Саъдии Шерозй, Хофизи Шерозй, Ибни Ямин, Абдуррахмони Чомй ва дигарон намунахо меорад, ки дар бисёр маврид ин порчахо фикри нависандаро чамъбаст менамоянд. Бобхои «Ахлоки Мухсинй» ба хаё, сидку вафо, шучоат, тавозуъ, адлу дод ва амсоли ин дойр буда, инсонхоро ба некй, ростй хидоят менамоянд.

Забони асар сода ва барои кулли хонандагон дастрас мебошад. Холо барои намуна мукаддимаи боби «Дар саховат ва эхсон»-ро меорем.

САХОВАТ ВА ЭХСОН

Саховат сабаби некномй ва эхсон мучиби дусткомй ва хучистафарчомист. Ва аз фазилати чуд яке он аст, ки дилхои халоик чавонмардонро дуст дорад, харчанд аз эхсон бахрае бад- эшон нарасида бошад. М асалан, агар мардуми Хуросон бишунаванд, ки дар Ирок; марде карим ва чавонмард аст, хама уро дуст хоханд дошт ва ба у офарин хоханд гуфт. Балки каримеро, ки дар кайди хаёт набошад, ёд кунанд, хама кас санои у гуянд. Чунончи Хотами Тайро, ки дар таърихи таълифи ин рисола, ки 907 сол гузашта, хануз бахори зикраш ба раёхини офарин ороста аст ва чамани некномиаш бо пирояи сано ва тахсин пироста.

Фард:Намонд фотами Той, валек то ба абад Бимонд номи баландаш ба некуй маищур.

Пас аз ин гуфтор ё гузориши назария бевосита хикояти «Хотам ва подшохи Рум» огоз меёбад. Намунаи боло гувохи

300

Page 301: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

он аст, ки забони гуфторн нависанда ширин, бетакаллуф аст. Дар бисёр мавридхо Кошифй аз санъати сачъ мохирона истифода бурдааст.

МАЗМУН ВА МУНДАРИЧАИ ЕОЯВИИ «АНВОРИ СУХАЙЛЙ»

«Анвори Сухайлй» яке аз шохкорихои шоистаи адабиёти точику форс махсуб шавад. Он соли 1501 бо хохиши вазири хирадманди Султон Хусайни Бойкаро Шайх Ахмади Сухайлй (1444-1502) иншо гардид. Аз ин хотир номи асар хам ба номи у гузошта шуд. «Анвори Сухайлй» маънои нурхои Сухайлиро дорад, ки дар ин маврид ном маънои мачозиро гирифтааст. Яъне ин асар аз нуру зиё, аз гуфтору хохиши Сухайлй нигориш ёфтааст.

Пеш аз он, ки дар бораи мазмуну мухтавои асар таваккуф намоем, шоиста аст шуморо аз таърихи асар ва сарчашмаи он огох созем. «Анвори Сухайлй» нусхаи тозаэчоди «Калила ва Димна»-и нависандаи асри XII Абулмаолии Насруллох мебошад. Аммо «Калила ва Димна» хам ба тамом асари Абулмаолй набудааст. Сарчашма ё бунёди он аз мардуми Хинд аст. Онро хануз дар замони хукмронии Хусрави I, ки бо номи Анушервони Одил (531-579) машхур аст, Барзуяи Табиб аз Хиндустон ба Эрон овард ва ба забони пахлавй тарчума намуд ва дар байни хосу ом пахн гашт. Чун арабхои бадавй мулки Эронро сохиб шуданд, дар байни ганиматхои сершумор аз кишвари мо кутуби фархангй ва адабии зиёдеро ба Арабистон ганимат гирифта бурданд, ки дар байнашон хамин «Калила ва Димна» низ буд. Он чо нависанда ва олими точику форс Абдулло Ибни Мукаффаъ онро ба забони арабй баргардонд. Дар асри X, дар замони салтанати Сомониён боз нусхаи арабии «Калила ва Димна» ба Бухоро оварда мешавад ва бо хохиши Насри Сомонй ва вазири хирадманди у Абулфазли Балъамй Рудакй онро ба точикй тарчума намуда, ба назм мегардонад. Ин асар бо байти машхури устод Рудакй

Хар кй н-омухт аз гузашти рузгор,Низ н-омузад зи х,ец омузгор.

301

Page 302: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Огоз меёбад. Аммо ин шохдсар то замони мо омада нарасидааст. Пас бори дигар дар асри XII «Калила ва Димна» аз забони арабй ба забони точикй баргардонида шуд, ки мутарчими он Абулмаолии Насруллох будааст.

Азбаски дар асри XII насри маснуъ пайдо шуда, инкишоф ёфт ва аксарияти нависандагон ба ин сабки нигориш майл доштанд, Абулмаолй хдм «Калила ва Димна»-ро дар хдмин сабк нигориш дод. Яке аз хусусиятх,ои асосии сабки насри маснуъ мураккаббаёнист. Калимоту ибороти арабй, оёту хадисхо хеле фаровон мавриди истифодаи нависандагон карор доштанд. Осори ононро омма камтар мефахмид. Ин тарзи нигориш хдтто ба ахли илм низ чандон маъкул набуд. Бинобар ин бо хохиши онон адибон ба содабаёнй майл намуданд. Мисоли барчастаи он хохиши вазири донишманд Шайх Ахмади Сухайлй шуда метавонад. У хамин мураккаббаёнии «Калила ва Димнаро» хеле хуб эхсос карда, аз Хусайни Воизи Кошифй сода кардани онро хохиш намуд. Кошифй ин хохишро бо камоли эхтиром пазируфт ва сомон хам дод. Акнун бубинед, ки Кошифй дар ин росто чй корхоеро ба анчом расонид. «Анвори Сухайлй» аз «Калила ва Димна»-и Абулмаолии Насруллох чй тавофут ва чй монандихо дорад.

1. Як фарки чиддии «Анвори Сухайлй» аз «Калила ва Димна» пеш аз хама, дар он аст, ки Кошифй аз забони персонажхои асар фикру мулохизахои шахсии худро дар бораи тарбияи инсон дар оила ва дар чамъият, нуктаи назари худро дар бораи принсипхои давлатдорй, ахлок ва гайра баён мекунад.

2. Забон ва тарзи баёни «Калила ва Димна»-и Абулмаолии Насруллохро мувофики шавку завки хонандагони асри худ тагйир дода, хеле сода ва фахмотар мегардонд.

3. Ба чои шеърхои арабй, ки дар «Калила ва Димна» хеле зиёд буданд, шеърхои пандуахлокии адибони маъруфи форс- точикро дохил менамояд.

4. Ахамияти «Анвори Сухайлй» дар он аст, ки нависанда дар зимни хар як хикоят, хар як персонаж ахлоки хамидаи инсониро ташвику таргиб намуда, инсонро ба рохи рост хддоят мекунад. Афкори таълимию тарбиявии «Анвори Сухайлй» пурдомана аст. Он дар зимни накшхои асосии хикоёти вокей ба калам дода шудааст. Дар ин хикоёту киссахо рузгори мардуми

302

Page 303: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

точику форс инъикос ёфтааст.5. Гайр аз ин, микдори бобхои асарро кам кард. Агар

«Калила ва Димна» -и Абулмаолй аз 16 боб иборат бошад, микдори бобхои «Анвори Сухдйлй»-и Кошифй ба 14 расид. Кошифй ду боби аввали «Калила ва Димна»-ро ихтисор кард.

6. Дар асари Кошифй расму оин, хусусиятхои милии мардуми точик бештар инъикос ёфт. Чднбахои миллй кувват гирифтанд. Вале метавон гуфт, ки бештари бобхои ин ду асар бо хам монанданд ва танхо забони хикоёту ривоёт дар «Анвори Сухдйлй» содда карда шудаанд. Дигар, абёти шоиста ва чавобгуйи мазмуни \икоёт дар асари Кошифй бештар ворид гаштаанд. Х,икояти «Саховати Рой Добшилим» аз чумлаи онхост. «Бо ин хама азамат ба таври кори раият расид ва худ казияи (дарди дили) хар яке аз додхохон расидй ва пурсидй. Рой баъд аз вукуф дар ин масъала бифармуд, то дари ганчи гаронмоя баркушоданд ва силаи киром (тухфахои арзанда) ба хосу ом доданд. Fapn6y шахриро (бегонаю худиро) бо насиби тамом хурсанд гардониданд». Аз ин накукорию саховаташ бахри дилаш кушода шуд ва боз давлаташ зиёд гашт. «Подшох, сари фарогат ба болини осоиш ниход». Хоби хуше дид, ки пири хирадманде ба у гуфт: «Имруз ганч дар рохи Худо нафака (сарф) кардй .... ва Худованд бар ивази он садака дод. Алассабох пой дар рикоби давлат кун ва ба чониби шаркии доруссалтанат (пойтахт) таваччух намой, ки ганчи шойгону хазинаи ройгон хдволаи туст». Рой чун ин башорат шунид, аз хоб бедор шуд. Пас ибодат ба даргохи Худованд ба чо овард. Чун субх дамид, Хуршед баромад. Рой бо чамъе хизматгорон ва дустон озими рох, гардид».

Ана хамин тасвири субх, баромадани Хуршед, рафтани шохро Кошифй бо як тавсифх,ои зебо, бо як санъати баланди шоирона хам бо назму хам бо наср ба калам додааст:

«То замоне, ки ганчури кудрат дари хазонаи уфук бикшуд (яъне руз шуд) ва дасти зарафшони Офтоб чавохири кавокибро (ситорахоро) аз махзани фалак ба зери домани шуъоъ кашид,

Байт:

Бомдодон, ки су буи симандуд Аз дари ганц к,улфи зар бикшуд.

303

Page 304: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Шох, бифармуд то маркаби рохвори бадрафторро бо зини зарфу лачоми мурассаъ ба гавхар биёростанд, фоли фаррух ва толеъи саъд савор шуда, руй ба Машрик ниход».

Аз хамин пора мусаллам гардид, ки нависанда маънй ва мазмунхои баландро бо зевари сухан бисёр зебо оростааст. Дар мисраи дувуми байт баромадани Хуршедро пурчозиба тасвир кардааст. Яъне, дари ганч бо кулфи зарин кушода шуд - Офтоб cap боло кард. Худи калимоти ганч, кулф, зар мачоз оид ба ин чо киноя шуда омадаанд. Дар ин маврид санъати иетиора хеле хуб корбаст шудааст. Ё ки дар мисраи аввал бомдодро ба субхи симандуд ташбех намудааст. Умуман, хамин як пора хонандаро ба шавк меорад ва ба у лаззату кайфият мебахшад. Хамин тавр, шох ба он манзил, ба он гор, ки хазина он чо буд, расид ва дарвешеро дид бисёр мехрубон ва нисбати шох ихлосманду эътикодманд. У калиди ганчи шойгонро ба шох дод ва барои банданавозй, накукорй ва саховату бахшишхояш, ки дар хакки мазлумон ва кам бизоатон карда буд, миннатдорй ва сипосгузорй намуд: «Ки подшохон назари рахмат шомили холи додхохон доштаанд ва гушанишинонро аз камоли ахлоку авсофи бузургона шинохта

Байт:Назар кардан ба дарвешон мунофии57 бузургй нест Сулаймон бо %ама уашмат назаруо буд бо мураш.

Ин хикоя ё кисса бо ин анчом намеёбад. Анчоми он боз ачибтар ва ибратомузтар мебошад. Чун Добшилим дари ганч кушод, дар байни тиллову ёкут ва зару зевар васиятномаеро дид, ки бо хатти нохоно навиштаанд. Очиз монданд. Пас аз чустучуи зиёд марди донишмандеро пайдо карданд, ки у ин хатро бихонд ва эшонро аз мазмуни он огох бикард. Дар васиятнома омада: «Ганчномаро ман, ки Хушанги подшохам ба ёдгор ба Ройи аъзам, ки уро Добшилим хонанд, гузоштам. Ин васиятнома, дар миёни зару чавохир табъияи чой кардам, то чун ин ганчро бардорам ва ин Васиятнома мутолиа кунад, ба худ андеша намояд, ки ба зару чавхар фирефта шудан на кори окилон аст. Он матоест ориятй, ки хар руз фарсудаи дасти дигаре хохад шуд ва бо хеч кас рохи вафо ба cap нахохад бурд:

57 мунофй - нафикунанда, инкоркунанда

304

Page 305: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Давлати дунё ки таманно кунад?Бо кй вафо кард, ки бо мо кунад?

Аммо Васиятнома дастурамалест, ки подшохонро аз он гурез нест. Пас он подшохй окили давлатёр, ки ба ин васиятхо кор кунад ва бидонад, ки хар султоне, ки бошад, 14 коидаро, ки баён мекунад, ки манзури назари эътибор насозад, бинои давлати у истехком (мустахкамй) нахохдд ёфт».

Пас аз ин дар «Анвори Сухайлй» дастурамал оварда мешавад. Ин дастурамалро метавон як рахнамо ё як накшаи мукаммали кори подшох донист, ки дар он ахлоку саховат, тарбияи шохону хокимон шомил аст.

Дар анчоми васиятнома боз шох Хушанги Пешдодй ба Ройи бузург Добшилим ёдрас намудааст: «Ва хар якеро аз ин 14 васият, ки ёд кардем, достонест мукаррару муътабар ва агар Рой хохад, ки ба тафсилоти он хикоёту ривоёт иттилоъ ёбад, ба чониби кухи Сарандеб, ки кадамгохи Абулбашар (Хдзрати Одам) таваччух бояд фармуд, ки укда он чо хохад кушуд».

Дар масъалаи рафтану нарафтани Рой ба Сарандеб Добшилим вазиронашро даъват менамояд ва аз эшон маслихат мепурсад. Онхо дойр ба зарару зиёни сафар хикоёти зиёдеро ба Рой накл мекунанд. Худи Рой бар зидди гуфтори онон хикоёти пандомуз оиди фоидаи сафар меорад. Хамаи ин бо усули хикоят андар хикоят накл мешавад ва киссаро чолиб гардондаанд.

Хамин тавр, Хусайн Воизи Кошифй дар ин кисса андешахои хешро дойр ба масъалахои мухими давлатдорй, саховату накукорй ва амсоли ин овардааст. «Васиятнома» дар нигориши Кошифй барои шохон ва умуман ахли чох рахнамо ва дастури пурарзишест. Имруз хам рохбарони кишвархо ба он ниёз доранд ва аз он панди судманде хоханд гирифт.

«ФУТУВВАТНОМА» - ДАСТУРИ ОДОБ

Метавон «Футувватномаи султонй»-ро давоми мантикии «Ахлоки Мухсинй» ва «Анвори Сухайлй» донист. Онхо чун шаддахои марчон ва ё чун занчирхои тиллоие хдстанд, ки бо хам аз нигохи мазмун ва мундаричаи гоявй пайванданд, якдигарро пурра мегардонанд. Ба тарзи дигар, агар бигуем, ин се шохасар се бародаранд ва ин се бародар се фарзанди

305

Page 306: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

накуноми нависандаи зиндаёд Х,усайн Воизи Кошифиянд. Дар боло ба мазмуну мухтавои мухтасари ду асари нависанда - «Ахлоки Мухсинй» ва «Анвори Сухайлй» ошно шудем. Акнун китоби сеюми Кошифй - «Футувватномаи султонй»-ро бо хам варак, мезанем.

Нахуст, бояд тавзех,дод, ки чаро нависанда ба асараш чунин ном гузошт? «Футувватномаи султонй» чй маъно дорад? Калимаи футувват вожаи арабист. Кошифй онро чунин шарх додааст: «Бидон, ки футувват аз руи лугат чавонй бошад ва баъзехо дар шарх,и ин лугат бар онанд, ки футувват чавонмардй бошад. Аттор дар ин маънй гуфтааст:

Дидаи дил аз футувват равшан аст,Равзаи цон аз футувват гулшан аст.Гар бувад илми футувват бар сарат,Хар замон бахшад сафои дигарат.

Футувватро се мартаба аст. Аввал, сахо, ки хар чй дорад, аз хеч кас дарег надорад. Дуюм, сафо, ки синаро аз кибру кина поку покиза созад ва сеюм вафост, ки бо халк нигох дорад. Салмони Ф орс1 низ дар хусуси футувват фармудааст: «Футувват инсоф додан аст ва инсоф наситондан, яъне хар айбе, ки бошад, онро ба худ нисбат бояд кард ва хар чизе, ки дар вучуд ояд, худро дар миён набояд дид».

Х,амин тавр, «Футувватнома»-ро мачмуи гуфтор, кирдор ва рафтори чавонмардони накукор метавон донист. Ин асар аз мукаддима ва 12 боб таркиб ёфтааст. То замони мо хамагй бобхои 1 то 8 расидаанд. Илова бар ин, хар як боб боз ба фаслхо чудо шудааст. Х,атто мукаддимаи асар ба се фасл кисмат гардидааст.

Доираи мавзуъоти асар хеле васеъ мебошад. Мухимтарин мавзуи асар тарбия, одобу ахлок, фазилатхои неки чавонмардй: мехнатдустй, покию ростй, бо мехнати халол зиндагй кардан, ба дуздию горатгарй, фиску фасод даст назадан, ба мазлумон, камбизоатон дасти ёрй дароз кардан, илму хунар омухтан, дар тичорат бо харидорон муомилаи хуш доштан, нисбат ба устод

1 Салмони Форс- яке аз наздикони Хдзрати Мухаммад буд. У аз мардуми форс аст ва барои хамин Салмони Форсаш гуянд.

306

Page 307: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

эхтиром варзидан, одоби сухан ва салому алейкро нек ба чой овардан, ба кадри волидайн расидан ва хамин барин масъалахо дар асар бо мисолу хикоёти ширин, бо овардани абёти адибони бузурги гузашта ва худи муаллиф дар асар инъикос ёфтааст.

Алхол чанд намуна дойр ба мавзуъхои алохидаи асарро аз назар хохем гузаронид. Яке аз масъалахое, ки Х,усайн Воиз ба он бештар диккат додааст, ин муносибати устоду шогирд ё ба тарзи дигар дигар гуем, рафтори байни омузгору талаба мебошад, ки дар шароити имруза хам андешахои нависанда басо арзишманданд. Нахуст «Дар баёни устод ва шароити он» макому манзалати омузгорро ба ёд меорад ва ба шогирдон ва толибилмон хитоб карда чунин мегуяд: «Бидон, ки хеч коре бе устод муяссар намешавад хар кй бе устод коре кунад, бебунёд бошад. Аз шохи вилоят манкул (ишорат) аст, ки агар касе ба мартабаи кашф ва каромат расад ва корхое аз у дар вучуд ояд ва уро устоди дуруст набошад, аз у хеч коре наёяд ва кори у хеч чизро нашояд ва ин чо гуфтаанд:

Xcip киро устод набвад, кор бор бунёд нест,Дар рах;и маънй рафице бехтар аз устод нест.»

Бинобар ин, хар кй хохад ба дарачаи камол бирасад, бояд устод дошта бошад:

Хар кй бе устод кард оеози кор,Кору бори у надорад эыпибор.Домани устод гиру шод шав,Муддате хизмат куну устод шав!

Ин чо нависанда ба шогирдон гушзад менамояд, ки хизмати устодро ба чо биёред, аз у илму дониш омузед ва чун ба камол расидед, шумо хам устод мешавед ва сохибном хохед гашт. Баъд нависанда хислатхои устодро баён мекунад, ки у кадом шарту шароитро бояд доро бошад. Аввал, устод бояд покизамазхаб бошад. Яъне дар рохи хеш устувор бояд бошад. Дувум, донишманд бошад ва аз илм ё фанни дарсмегуфтагиаш вукуфи комил дошта бошад. Сеюм, ахлокй пок, рафтору кирдори наку дошта бошад, бо шогирдон муомилаи хасана карда тавонад. Чорум, хар хисоли арзишманде, ки дар хакки футуввати чавонмардон арз кардем, бояд аз он бархурдор бошад.

307

Page 308: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Мухимаш он ки дар дил кинаю кудурат нисбат ба шогирд нагирад, ба онон баробар назар кунад.

Шогирд бояд чй гуна бошад? Ба назари нависанда шогирд бояд бо чунин сифатхо ороста бошад:

1. Назди устод бо камоли эътикоду боварй ба хондан шуруъ намояд.

2. Ба устод содикона хизмат кунад.3. Дилу забонаш рост, яъне як бошад.4. Х,ар чй устод гуфт, дар гуш бигирад ва хдр кор, ки фармуд,

онро бояд содикона сомон дихад.Шогирд ё талаба бояд дар назди устод чй гуна одоб дошта

бошад?:1. Пеши устод (омузгор, муаллим) кам сухан гуяд.2. Устодро эхтиром кунад, ибтидо салом дихад.3. Чун устод сухан гуяд, хомуш бошад ва бо камоли майлу

хохиш ба гуфтори омузгор диккат дихад.4. Агар суол дошта бошад, аз устод ичозат пурсад.5. Дар назди устод (дар синфхона) бо касе гушакй ё сухбат

накунад.6. Эътироз ба гуфтори устод накунад.7. Дар назди устод ва волидайн ва калонсолон хамеша

боодобу ботамиз бошад.

Адаб тоцест аз нури илоуй,Бинеу бар cap, бирав уар цо, ки хоуй.

Чунонки дидем, андешахои нависанда дар бораи вазифахои устоду шогирд имруз хам кимату арзиши худро гум накардаанд. Х,ар як хонанда бояд омузгорро хурмату эхтиром кунад, зеро танхо омузгор, муаллим дар дили шогирд шамъи илму донишро фурузон хохад кард, уро ба ростию покй, ахлоки хамидаи инсонй хидоят менамояд. Аз ин нигох кадри устод дар назди шогирд басо баланд аст. Агар шогирд ба гуфтахои устод амал кунад, албатта. донишу камолоташ зиёд хохад шуд ва, ба гуфтаи адиб, адаб чизи мукаддас аст, адаб мисли точ аст, ки аз нури Худованд чило медихад. Ана хамин точро бар cap куну хар чо, ки хохй бирав! Бешубха обруву макому манзалат хохй ёфт.

Хусайн Воизи Кошифй дар одоби сухан гуфтан андешахои судманде гуфтааст. Шогирдони азиз, шумо хуб медонед, ки дойр

308

Page 309: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ба ин масъала адибони бузурги гузашта: устод Рудакй, Абушакури Балхй, Фирдавсй, Низомии Ганчавй ва, бахусус, Саъдии Шерозй суханони лоик, гуфтаанд. Бештари бузургон андешахои хешро бо назм ёд кардаанд. Кошифй бошад, аввал фикрашро ба наср ифшо намуда, пасон онро бо назм боз хам кувват бахшидааст. Т аваччух намоед: «Бидон, ки шарафи одамй ба нутк, (сухан) аст ва хар кй дар нутк адаб риоят накунад, аз ин шараф бебахра бошад. Барои он ки нутк ба савоб ояд ва илло хомушй бех аз он бувад». Ин фикрро Шайх Саъдй ба тарики зайл баён кардааст:

Д у чиз тираи ацл аст: дам фуру бастан Ба вацти гуфтану гуфтан ба вацти хомушй.

Кошифй шаш мавриди сухан гуфтанро таъкид намудааст:1. Дар хар чамъомад, хар мачлис, хар нишаст хар фард

мувофики холаш, макомаш, донишаш, дарку идрокаш бояд сухан гуяд: «Бо у бо забони у сухан бояд гуфт».

2. Бо лутфу хушрафторй бо касон, бо дустон, бо рафикон бояд сухан гуфт, на бо дагаливу дуруштй.

3. Дар вакти сухан гуфтан кас бояд кушодаруй бошад.4. Сухане гуяд, ки ба муроди дили шунаванда бошад,

шунаванда малоли хотир нашавад, губори маломат ба дилаш наангезад.

5. Сухан бояд судбахшу бомагз бошад, инсонхоро ба покиву ростй дар рохи Хак хидоят намояд.

6. То аз у сухан напурсанд, сухан нагуяд.7. Дар вакти сухан гуфтан овоз баланд накунад.8. Дар вакти сухан гуфтан ба чапу рост назар наафканад.

Яъне, ба хар тараф нанигарад.9. Бо гаразу киноя сухан нагуяд.10. Аввал хуб андеша кунад ва пасон сухан гуяд, то

пушаймон нашавад.11. Сухани гуяндаро набурад. Чун суханашро ба охир

расонид, он гох лаб ба сухан кушояд.12. Сухан кутоху андак бояд гуфт. Сухан бисёр гуфтан хорй

орад. «Бисёр гуфтан нишонаи андакакдй аст». Чунончи Шайхи Ганчанишин (Низомии Ганчавиро дар назар дорад) дар «Лайлй ва Мачнун» фармояд:

309

Page 310: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Кам гую гузида гуй чун дурр,То з-андаки ту цсщон шавад пур.Лоф аз сухани чу дур тавон зад,Он хишт бувад, ки пур тавон зад.Об арчи басе зулол хезад,Аз хурдани пур малол хезад.

Хулоса, нависанда, чунонкн дидем, фасли шартхо ва одоби сухан гуфтанро бо абёти шоири бузург Низомии Ганчавй чамъбаст намудааст ва боз дар кисмати охир ё анчоми боб андешахои хешро дар бораи сухани нек ва баъд ба тарики зайл ба калам додааст: «Агар пурсанд, ки сухан аз ту аст, ё ту аз суханй?, бигуй: Ман аз суханам ва сухан аз ман аст, ки меваи дарахти инсонй сухан аст». Агар пурсанд, ки сухани нек кадом аст?, бигуй ки: Аз он нафъ ба касе расад. Агар пурсанд, ки «Сухани бад кадом аст?», бигуй: «Он кй аз он зараре ба касе оид шавад». Хулласи калом, «Футувватнома» асари пурарзиш ва судмандест, ки имруз хам ахамияти бузурги таълимию тарбиявй дорад. Суханоне, ки дар бораи гуяндахои халкй, расму оини мардуми точик гуфтааст ва маълумоти назарию амалй додааст, барои мухаккикони имруза басо арзишманд мебошанд. Бисёр гиреххои нокушода кушода мегарданд. Масалан, дар бораи санъати варзишгарон, дар бораи гуштин ва коидаи гуштингирон, дар бораи одоби хариду фуруш, чома пушидан, салом доданд, таом хурдан, ба мехмонй рафтан, мехмонро кабул кардан ва гайра фикрхои чолиб гуфтааст, ки онхо дар хаёти харрузаи мо ба назар мерасанд ва бо камоли боварй метавон гуфт, ки бояд имруз хар як фарди чомеа аз панду андарзи ин нависандаи хушбаёни бисёрдидаву бисёршунида дар зиндагии хеш бамаврид истифода барад. Иншоаллох, рузгораш боз хам нуру зиё мегирад ва хушбахт мегардад.

310

Page 311: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

САВОЛУ СУ П О РИ Ш

1. Кадом лахзахои рузгори Кошифй ба шумо хотирмон буданд?

2. Дар он замон ба чй хотир бисёр чавонон аз хар кишвару аз хар шахр ба Х,ирот меомаданд?

3. Х,усайни Воизро мо энсиклопедист гуфтем, шумо дар ин боб чй акдца доред?

4. Шумо дар бораи фарзанди нависанда Фахриддин Алии Сафй чй медонед? Вобаста ба хамин байти «Калила ва Димна»

Гирди номи падар чй мегардй?Падари хеш бош, агар мардй!

-ро маънидод намоед.5. Асархои илмии Кошифиро номбар кунед ва дар бораи

хар кадоми онхо маълумот дихед.6. Восифй дар бораи устоди хеш чй мегуяд?7. Дар бораи илми иншонигорй Кошифй кадом асарро

нигоштааст?8. Асархои бадеии Х,усайн Воизро номбар кунед.9. Чаро адиб ба асараш «Ахлоки Мухсинй» ном гузоштааст?10. Асар дар кадом мавзуъ бахс мекунад?11. Забон ва тарзи баёни Кошифй чй хел аст?12. «Анвори Сухайлй» бо «Калила ва Димна»-и Абулмаолии

Насруллох чй муносибат дорад?13. Фарки байни ин ду асарро гуед.14. Устухонбандии асар чй маъно дорад? Дар мисоли

«Анвори Сухайлй» ин ибораро шарх дихед.15. Киссаи «Рой Добшилим»-ро повеет гуфтан равост?16. Устухонбандй чй тарз корбаст шудааст?17. Сабаби ганч ёфтани Рой дар чй буд?18. Мохияти дастурамалро накл кунед.19. Оё имруз он гуфтахои нависанда кобили кабуланд? Агар

кобили кабул бошанд, бо мисол фахмонед.20. Чаро Кошифй ба асараш «Ф утувватнома» ном

гузоштааст?21. Аз назари Кошифй шогирд бояд чй хел бошад? Гуфтахои

нависандаро ба гуш бигиред ва хифз намоед.

311

Page 312: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

22. Х,усайни Воиз дар одоби сухан гуфтан чи мегуяд?23. Шартхои гузоштаи адибро азёд намоед.

РУЙХАТИ АДАБИЁТИ ИЛМЙ ВА МЕТОДЙ

1. С. Айнй. Куллиёт, ч -11; кисми 1, «Ирфон», Душанбе, 1963.2. А.Мирзоев, Виной, Нашрдавточик, Сталинобод, 1957.3. ХУсайн Воизи Кошифй. Футувватномаи султонй, Ахлоки

Мухсинй, Рисолаи Хотамия. «Адиб», Душанбе, 19914. Т.Миров, Дастури методии «Адабиёти точик барои синфи

9», «Маориф», Душанбе, 1986.

312

Page 313: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

КАМОЛИДИНИ БИНОИ (1453-1512)

Хаёти шоир. Соли 1453 дар оилаи усто Мухдммадхони Сабз тифле ба дунё меояд, ки аз он хурсандии волидайн хадцу канор надошт. Падар ба у Шералй ном мегузорад. Мухаммадхон марди хунарманд, бинокору меъмор буд ва зиндагиашон факирона мегузашт. Шералй дар мактаб нагз мехонд, ба сухани устодонаш диккат медод. Наги на и хамин саъю кушиш буд, ки у бисёр илмхои замонаашро ба хубй аз худ кард. У бештар ба забону адабиёт, таърих ва мусикй майлу рагбат дошт. Хануз дар айёми мактабхониаш шеърхои хуб менавишт. Дар ин бора худи шоир чунин мегуяд:

Едам омад, ки баури касби адаб,Мешу дам тифл цониби мактаб.Табъи мавзун маро гаризй буд,Фауми ман дар камоли тезй буд.

Пайваста осори адибони гузашта ва муосири худро мутолиа карда аз бар менамуд. Баъд ба худ тахаллуси Биной ва Холиро интихоб мекунад. Вале у бештар бо тахаллуси Биной машхур аст.

Биной дар шахри Хирот зиндагй мекард ва дар он рузгор Хирот яке аз марказхои асосии илму адаб ба хисоб мерафт. Аз ин ру, дар сабзиши у роли мактаби адабии Хирот басо бузург аст. Биной яке аз шогирдони бехтарини Абдурахмони Ч,омй буда, баъдтар ба дарбори Хусайни Бойкаро даъват мешавад.

Макому шухрати Биной дар байни хосу ом, ахли илму адаб зиёд мегардад. Биной на танхо бо шеърхои намакинаш дар байни мардум машхур мегардад, балки дар донистану иншо намудани илмхои мусикй, таърих ва гайра ангуштнамои замонаш буд. У дойр ба илми мусикй ду рисолаи илмй таълиф намуд. Илова бар ин, ба шеърхояш оханг баста, суруд мехонд.

Биной гумон дошт, ки дарбор чои олимон ва шоирони бузург аст. Дар он чо кас метавонад асархои шоиста эчод кунад. Вале баъд аз он, ки бо ахли дарбор шинос мешавад, мебинад, ки дар байни олимон, донишмандон ва адибони бузург як гурух лаганбардорон, хушомадгуён ва, нихоят, одамони пасту разил

313

Page 314: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

низ чамъ омада, хдмеша аз пайи озори якдигар мебошанд. Ба мукобили ахли фазлу хирад шеърхои хдчвй эчод карда, онхоро масхара менамояд. Биной дар байни онхо чанде зиндагй карда, аз фитнаю найранги хасудон, шоирони мадцох ба фарёд меояд ва азобу ранчи зиёде мекашад. Байтхои зерин хаёти онрузаи шоирро хеле барчаста инъикос намудаанд:

Ситамгаро, фалако, кацраво, цафокоро!Нагуямат, ки маро мулки подшоуй дех,.Туию куунаработи хароб бар сари рох,,Зи х,ар кй хох,й, ситонй, ба х,ар кй хоуй, дех,!

Биной аз хасудон халосй чуста, соли 1487 аз шахри Хирот баромада, ба Табрез меравад. Шоир баъд аз 4 сол, яъне соли 1491 боз ба Х,ирот меояд. Вале дар ин вакт Осиёи Миёна ва Хуросон майдони харбу зарбхои хунин карор гирифта буд. Хучуми Мухаммади Ш айбонй ва Шох Исмоили Сафавй мамлакатро нотинч ва халкро кашшокгардонид. Биной мачбур шуд, ки як макони осудае ёбад, то ки солхои охирини хаёти худро каме оромтар гузаронад. Аввал ба Самарканд меравад. Чанд муддат зиндагй мекунад. Вале ахволаш бех намешавад.

Аз хамин сабаб ба Каршй меравад. Вале дар тирамохи соли 1512 Шох Исмоили Сафавй бо сардории Начми Сонй барои забти Мовароуннахр лашкар кашид. Бисёр шахру нохия ва дехахои ободро вайрон карда, мардумро бехонумон гардонд. Аз хама вахшонияте, ки ин сардори мутаассиб дар ин кишвар кард, катли оми мардуми Кдршй буд. Дар ин куштор, ки соли 1512 ба амал омад, Камолиддини Биной дар катори садхо хазор мардуми бегунох дар айёми чушу хуруши эчодй аз байн рафт.

МЕРОСИ ИЛМИВУ АДАБИИ ШОИР

Дар мероси адабии шоир кариб хамаи жанрхои хурди ли­рикй: газал, касида, китъа, рубой ва гайраро дидан мумкин аст. Аммо газал дар макоми аввал меистад. Биной дар газалсарой пайрави Амир Хусрав ва Хасани Дехлавист.

Мавзуи газалиёти шоир гуногунанд. Шоир мухаббати поки инсон ва саодату мехнати уро дар газалиёташ хеле зебо ба калам додааст.

314

Page 315: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Тавре ки аз тарчумаи холи шоир бармеояд, бештари хаёти адиб дар гарибй, дури аз ватану ёру диёр гузаштааст ва дар гарибй зиндагиро падруд гуфтааст. Албатта, ин ба эчодиёти адиб таъсири калон расонид. Аз ин чост, ки мавзуи гарибй - ёди ватан, хешу акрабо дар лирикаи у мавкеи калон дорад. Кахрамони лирикй ёди ёру диёр карда, оби чашмаш шашкатор мерезад, охи сард аз дили пурдард мекашад ва худашро ба шахеи мотамзада, гамзада, аламзада монанд мекунад:

Дар гарибй х,ама шаб гамзадаеро монам,Ваз;, кУНО гамзада, мотамзадаеро монам.Руз х,ам аз ситами гардиши гардун чу х,илол, Ша^рбигрехта, мотамзадаеро монам.

Биной намояндаи табакаи поёни чамъият аст. Табиист, ки зиндагии мардуми ин табака бо азобу машаккат мегузашт. Нони серй ва тани пушидаро намедиданд. Рузгори Биной чй дар ватан ва чй дар гарибй хамин тавр кашшокона мегузашт. У саъю кушиш карду илм омухт, дар ин рох ранчу сахтихои зиёде дид, аммо ба муроди дил нарасид. Бинобар ин шикояти кахрамони лирикй аз замонаи бемурувват на танхо ба рузгори адиб дахл дорад, балки шикояти садхо, хазорхо мардуми бечораю бенавост:

Дар умри худ муроди диле х,осилам набуд,В-аз умр як нафас ба муроди дилам набуд.Бе дарду гам наям нафасе, гуйй аз азал Чуз дарду гам сиришта дар обу гилам набуд.

Бештари китъаю рубоиёти шоир мавзуъхои пандуахлокй доранд. Биной дар онхо ахлокй хамидаи инсониро ситоиш намуда, инсонхоро ба поквичдонию росткавлй, хоксорию накукорй хидоят мекунад. Дар баробари ин дар бисёр китъаю рубоиёташ ашхоси мутакаббир, дилсиёх, золим ва беадолатро мазаммату накухиш намудааст. Биной баъзан дар рубоиёташ хаёти кашшоконаашро тасвир намуда, таъкид менамояд, ки агар шахе барои конеъ намудани кути лоямути худ ва ахду аёл чизе надошта бошад, у наметавонад илму фарханг омузад, асар эчод кунад, умуман, рузгорашро пеш барад.

315

Page 316: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Биной дар касидасарой низ дасти тавоно доштааст. Шоир асосан дар ин масъала ба анъанаи касидасароёни гузашта пайравй кардааст. Дар эчодиёти адиб касидах,ои мадхй ва хасбихолй бештаранд.

Яке аз мухимтарин хусусияти касидахои шоир дар он аст, ки со даю равонанд. Онхоро кас хонда бузургй, зебой ва назокату латофати инсонро дарк мекунад. Махсусан, ташбиби касидахо пуробуранг буда, дилро ба шуру хаячон меоранд. Ин кисмати касидахо бештар ба газал шабеханд. Ба тамом риоя кардани таносуби сухан, истифода кардани санъатхои шеърй ва калимаю иборахои рехтаи халкй ба каломи шоир хусну таровати махсус бахшидаанд. Барои исботи фикр ташбиби касидаи зерро гирем:

Лола рух бинмуд, оламро гулистон кард боз,Кууро доман пур аз лаъли Бадахшон кард боз.Гунчаи гул бар гиребон тугмаи ёцут дошт,Гул ба нохущ ои рангинаш гиребон кард боз.Бо асои сабз омад сабза бар атрофи чуй,Хизр, пиндорй, уавои оби уайвон кард боз.Гунчаи наргис зи тоби гул назар барбасту гуфт:«Бар рухи хуршеди рахшон дида натвон кард боз». Чомй зар мондаст бар симин табак, наргис, нигар Хешро аз социёни базми султон кард боз.

Чуноне ки мебинед, дар ин ташбиб хар як калимаю ибора дар чояш, бамавкеъ омадааст. Хонанда аз ин намуна зебоии забони модариашро ба хубй эхсос мекунад. Дар пеши чашм бахор бо тамоми шукухаш чилвагар мешавад. Шукуфтани лола, сабзу хуррам гардидани дашту хомун, аз нав эхё гардидани зиндагии инсонхо ва олами набототу хайвонотро шоирона ситудааст. Ба ин восита адиб таъкид менамояд, ки хар як шахе аз ин зебоихо окилона бояд истифода барад.

Достони “Бехрузу Бахром”Достони «Бехрузу Бахром» дар эчодиёти шоир макоми

аввал дорад. Асар дар мудцати 10 сол навишта шудааст ва 7702 байтро дар бар мегирад. Тахмин меравад, ки соли 1507 маснавй ба анчом расидааст. Максади шоир аз эчоди достон дар чист? Худи Биной ба ин савол чавоб дода чунин мегуяд:

316

Page 317: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Хар китобе, ки буд дар ахлоц,Чу с там, аз х;ар кй буд дар офок,.Бар сару пои он кут уб1 гаштам,Бар баду некй халк, бугзаштам,Ч(амъ кардам фавоид2 аз х,ад беш,Бар гирифтам тарици мацсади хеш.Ки чу мах;сули ман ба рафъ3 расад,Хушачине аз у ба нафъ расад.

М асъалаи тарбияи шахе дар замони шоир яке аз проблемахои умда ба хисоб мерафт. Зеро ахлок, ва махсусан ахлокй табакаи болои чомеа бад шуда, ислох металабид. Шоир хостааст, ки бо ин рох ахли чомеаро тарбия намояд ва бо хамин васила дар назди вичдон ва халк хизмати худро адо кунад. Аммо барои ба максад расидан усули анъанавии бузургони гузаштаро такмил додааст. Достони шоир аз асархои ахлокии гузашта, пеш аз хама, бо он фарк мекунад, ки шоир барои баёни афкори ахлокиаш на танхо бо суханони умумии кахрамони лирикй каноат мекунаду халос, балки бо рохи додани сужет дар рафти вокеаю ходисахои асар андешахои ахлокии шоир характери чамъбастй мегиранд. Аз рафти ходисахои ибратбахш хонанда панд гирифта ба хулоса меояд.

Композитсия ва сужети асар. Достони «Бехрузу Бахром» аз наъту муночот шуруъ мегардад. Пас аз ин шоир дар сабаби назми китоб, максаду мароми хеш аз таълифи асар сухан мегуяд. Баъд ду боби ба хам алокаманд, ки яке ба масъалахои ахлокй нек ва дигаре ба ахлокй бад бахшида шудаанд, меоянд. Дар ин кисматхо шоир хамчун кахрамони лирикй намудор шуда, муносибати худро ба ин ду масъала баён кардааст. Сипае бевосита сужети асар шуруъ мегардад.

Дар шахри Хдмадон ду бародар - Хоча Хусрав ва Хоча Азиз дустона зиндагй мекарданд. Хусрав Гулчехр ном духтари сохибчамол ва Азиз бошад ду писар - Бахром ва Бехруз дошт. Хар се дар мактаб якчоя мехонданд. Гулчехр ва Бехруз бисёр нагз хонда, ба сухани устодон бо марок гуш мекарданд. Дар

1 Кутуб - шакли чамъи китоб.2 Фавоид - фоидах,о.3 Рафъ - баланд шудан, маълум шудан, шух,рат ёфтан.

317

Page 318: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

сари вакт вазифахоро ичро менамуданд. Боакду боодоб буданд. Саъю кушиш, мех,нату машаккати Гулчехр ва Бехруз зоеъ нарафт. Онхо бисёр илмхои маъмули замонаашонро ба хубй аз худ карда, аз илму фарханг бархурдор гардиданд. Бахром танбалу коргурез буд, ба мактаб, ба омузиши илму дониш майл надошт. У бо одамони бадахлок хамрох шуда, вакти худро ба корхои бехуда мегузаронид. Ба хамин тарик, у ба як шахси сиёхдил, бефарханг ва, умуман, зарарноки чомеа табдил ёфт. Дар баробари ин Бахром мехохад ба Гулчехри зебо издивоч кунад. Аз ин ру, падарашро мачбур менамояд, ки ба хонаи амакаш рафта, духтарашро барояш хостгорй кунад. Гулчехр ва падараш ба издивоч розй намешаванд. Гулчехр Бахромро бад мебинад. Аммо ба Бехруз майлу рагбат ва мухаббат дорад. Бехруз хам Гулчехрро нагз мебинад. Вале ишкашро изхор намекунад. Хусрав мухаббати хар дуй онхоро фахмида, ба бародараш Азиз мегуяд, ки ман духтарамро танхо ба Бехруз медихам.

Бахром ин хабарро шунида, ба хашму газаб меояд. Бадкирдориаш боз хам зиёд мегардад. Одамкушй ва дуздй мекунад. Аз зиёнкории у мардум ба дод меоянд. Уро борхо ба махкамаи козй бурданд. Падараш Хоча Азиз тамоми дороию сарваташро дар ивази бадкирдорихои содиркардаи Бахром ба товон медихад. Падару модар ба фарзанд харчанд насихат мекунанд, аммо зиёнкориаш боз зиёдтар мегардад. Пас аз ин Хоча Азиз аз Бехруз, ки дар он рузгор хамчун яке аз шахсони донишманду хирадманд эътироф шуда буд, хохиш мекунад, ки уро насихат карда, ба рохи рост рахнамун созад. Сипае кисмати дуюми достон шуруъ мегардад. Ин кисматро «Насихатномаи Бехруз» гуфтан равост. Насихатнома аз 20 боб иборат буда, кариб хамаи масъалахои тарбиявию ахлокиро дар бар мегирад. Хар як боб ба масъалахои алохида бахшида мешавад. Шоир хангоми кушодани масъалахо барои таквияти фикр хикояю масалхои ахлокии зиёдеро меорад, ки онхо бобхоро шавковар гардонидаанд.

Вале бояд гуфт, ки дар хамин чо хати сужети асар канда мешавад. Хаёти минбаъдаи кахрамонхои асосии достон - Гулчехр ва Бехруз ба хонанда норавшан мемонад. Маълум намешавад, ки «Насихатномаи Бехруз» ба Бахром то чй андоза

318

Page 319: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

таъсир расонд. Оё у ислох шуд, аз рохи бад баргашт? Хулосахои дакик, бароварданро адиб ба хонанда хавола кардааст.

Образхои асосии достонДар достони «Бехрузу Бахром» образи анъанавии адабиёти

гузашта, муборизаи куввахои бадию некй мавкеи асосй дорад. Бахром бадкирдор, бадтинат, вале Бехруз нексиришт аст ва Камолидцини Биной хам бехтарин акидахои пешкадами худро дар симои Бехруз нишон додааст. Биной ба воситаи кушодани характерхо муносибаташро ба чомеа ва таълиму тарбияи инсон нишон додааст. Шоир дар достон хамчун рухбардору мададгор ва химоятгари омма, шахсони бечораю мазлум ба назар мерасад. Бехруз дилсоф ва поквичдон аст. У мехнат кардан ва бо мехнати халол нон хурданро хислати бузургу вазифаи мукаддаси хар як фард хисоб мекунад. Аз мехнату дастранчи дигарон нон хурдан нашояд. Албатта, хамаи ин суханон ба муфтхурон ва золимони замонааш дахл доранд:

Рахши давлат ба зулм агар ронй,Ха мчу хар дар халоб дар монй.Поймоли цафо ба кас маписанд,Ки ба мехи цафо шавй побанд.

Барои хамин шоир ба золимон таъкид карда мегуяд, ки ту худатро ба чои мазлум гузор, дар чои у тасаввур кун, пас он зулме, ки дар хакки у раво дидай, дар худат имтихон карда бин, ки ту токати онро дорй ё не:

Зулм бар худ агар раво н-орй,Даст боре зи халк, во дорй.Ба хато бар касе цафо накунй,Даст аз пои худ хато накунй..,Кладам аз уадди худ бадар наниуй,Пой аз андоза пештар наниуй.

Барои ба рохи бад нарафтан бояд аклу хирадро пешаи зиндагй намой. Мисли Бехруз хирадманду софдил, халолкор ва ба инсонхо нафърасон бошй. Аз ин чост, ки Биной чанбаи ахлокии асарашро пуркувват намуда, «Насихатномаи Бехруз»-

319

Page 320: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ро дар анчоми достон меорад. У ба ин восита мехохад инсонхоро тарбия намояд. Шоир дар ин кисмат, пеш аз хдма, дар бораи пайдоиши ахлок, сабабхои объективии он фикру андешахои пуркимати худро дар симои кахрамони асосии асар - Бехруз баён кардааст.

Биной руирост баромад карда, сабаби пайдоиши ахлоки одамони чамъиятро дар асоси далелхои эътимодбахш дар образхои кахрамонхои асосии достони «Бехрузу Бахром» равшан менамояд. Шоир дойр ба сабабхои пайдоиши ахлок ду акида дорад. У чун бисёр бузургони гузашта ахлоку одобро дар аввал ирей мегуяд. Вале дар охир бар хилофи фикри боло баромада,_назарияи нави материалистии худро ба миён мегузорад. У кайд мекунад, ки ахлоки инсон, хох вай бад бошад, хох нек, дар натичаи таъсири мухит ташаккул меёбад:

Хар кй cap зад ба гулхани пурдуд,Цомааш буи дуд гирад зуд.Нагиавй, хоца, уамнишини бадон,То нагардй зи хайли бехирадон.В-on ки бо гулхане шавад уампой,Ч,уз ба хоки сиях, нагирад цой.Хар кй атвори неку бад гирад,Хама аз уамнишини худ гирад.

Биной барои исботи фикраш хамеша кушиш мекунад, ки аз зиндагии одамон"Мисолхои зиёд оварад. Мисолхои овардашуда бештар вокей буда, онхоро ё худи шоир бевосита аз cap гузаронидааст, ё ин ки ягон дусташ ба у хикоят кардааст. Чунончи, дойр ба масъалаи таъсири мухит ба шахе дар маснавии «Бехрузу Бахром» чор хикоят оварда шудааст, ки хар кадом хулосахои шоирро тасдик мекунанд. Дар хикояти дуюм Биной саргузашти як рафикашро накл мекунад. Ин рафикаш дар давраи мактабхониаш нихоят чавони нагз, халим, боадаб ва аз хамаи корхои ношоиста пархезкор буд. Вале баъд, хангоме ки бо одамони бад нишастухез мекунад, тагйир ёфта, тахсилро тарк мекунад ва рафта-рафта, дар натичаи таъсири онхо ба як нафар шахси хиёнаткор, разил ва нихоят ахлокан вайрон табдил меёбад.

Ягона рохи халоей аз ин кирдорхои разилона, ба фикри320

Page 321: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

шоир, тарки хамсухбатон кардан ва бо одамони хуб хамнишин шудан мебошад:

Гуфт:- Бигзар аз ин сияурузон,Пой баркаш зи оташи сузон!То аз ин у;амдамони бадгууарат Чй бало хоуад омадан ба сарат!

Ба хамин тарик, Биной дойр ба пайдоиши ахлок акидаи мутафаккирони гузаштаро давом додааст. Агар шоир, аз як тараф, ирей будани шахсияти фардиро тарафдорй карда бошад, рафта-рафта, дар натичаи омухтани хаёту зиндагии одамон ба хулосаи хаётй омада, таъсири мухиту хамсухбатонро барои дигар шудани ахлок эътироф мекунад.

Биной дар «Бехрузу Бахром» ба масъалаи кибру Fypyp ахамият додааст. Албатта, дар он замоне, ки шоир зиндагонй мекард, ахли сарват ва табакаи доро бештар сохиби чунин хусусият буданд. Х,атто дар байни ахли илму хунар пайдо шудани кибр хам як ходисаи вокей гардида буд. Олим ва ё хунарманде, ки ба дониши худ магрур мешавад, - мегуяд у, -аз самари он дониш асаре боки намемонад. Олим бояд аз кибр дурй чуста, ба тавозуъ ва хоксорй ру орад, зеро факат ба хамин рох макбули омма шуда метавонад:

В-он ки кибр оварад зи илму х,унар Хунару илмро намонад асар.Гар тавозуъ ба илм натвонй,А%ли дониш най ту, нодонй.

Албатта, сарчашмаи пайдоиши ахлокй бад бидуни сабабхои объективй ва субъективие, ки дар боло зикрашон рафт, ба акидаи Камолиддини Биной истеьмоли май ё арак низ будааст. Сарчашмахои илмй ва адабй пурра собит менамоянд, ки касалии майнушй дар замони адиб, махсусан дар байни табакаи боло хеле вусъат ёфта буд. Биной дар рузгори хеш аз тачриба зиёну зарари майнуширо бисёр дидаву мушохдда кардааст. Ба акидаи Биной аксарияти гуноххои содиркардаи одамон пас аз майнушй ба амал меоянд. Ба акидаи нависанда ин як касалии сахт ва зараровар аст, ки инсон бояд аз он даст кашад:

321

Page 322: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Эй бародар, маёр ру ба шароб!Баури андууу меунат аст ин об.Душмани ацлу хасми цон аст ин,Хонавайронкуни цауон аст ин.Кист майхора? - Марди мацнунваш,Зада дар худ ба дасти худ оташ.

Вокеан суханони окилонаи Биной имруз ахамияти боз хам зиёдтар пайдо кардаанд.

Гайр аз ин, шоир он шахсонеро, ки аз пушти хешутаборй савлат мекунанд, низ мазаммат мекунад:

Мард бояд, ки худ падар бошад,Боиси фахри сад писар бошад.В-арна фазли падар чй суд кунад,Фазли шахси дигар чй суд кунад?Чанд аз пои хеш мегуй,Фазли бобои хеш мегуй?

Биной макоми сухан ва одоби сухан гуфтанро хам мухим мушуморад. Аз хамин сабаб як боби алохидаи маснавии «Бехрузу Бахром»-ро махз ба хамин масъала мебахшад. Биной мегуяд, ки айб ва нуксонхои одамй бисёранд. Ин нуксонхо дар навбати худ ба воситаи забон зохир мешаванд. Бинобар ин, дар вакти сухан гуфтан эхтиёт кардан лозим аст.

Суханеро, ки гуфтанй бошад,Дар мауал ё нуууфтанй бошад,Як таассуф хурй, ки мебоист Гуфтанаш, хомушй намешоист.Лек агар як нагуфтанй гуй,То циёмат кашй сияуруй.

Аз хамин сабаб, барои он ки хичил нагардй, - мегуяд шоир,- аввал он суханро дар тарозуи акл бисанч, пасу пеши онро мулохиза кун ва пас аз он, ки ба дуруст будани он боварй хосил кардй, ба забон ор:

Бар ту бодо, ки чун сухан гуй,Бо тааммул ра.\и сухан пуй.

322

Page 323: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Дилат аввал сухан царор диуад,Баъд аз он бар забон гузор диуад.Суханеро, ки дар мацол орй,Аввал он бех;, ки дар хаёл орй.

Ба хдмин тарик,, Камолиддини Биной кисмати асосии эчодиёти худро ба манфиати омма бахшида, орзую омоли онхоро тараннум намудааст. Ш оир чи дар жанрхои хурди лирикй ва чи дар достони «Бехрузу Бахром» аз нуктаи назари синфии худ тарзи давлатдорй, зулми золимони замонаашро танкиду мазаммат менамояд. Дар баробари ин ба химояи мазлумону ситамдидагон бармехезад. И нсонро аз хама мавчудот баландтар мегузорад, Роххои ба даст овардани илму дониш, одобу ахлоки накуро ба воситаи образхо, ходисаю вокеахои хаётй боварибахш нишон медихад.

Дар масъалаи таш аккул ёфтани шахсият нисбат ба гузаш тагон хеле пеш меравад ва материалистона собит менамояд, ки чамъият, мухит дар ташаккули инсон роли калон мебозанд.

Дуруст аст, ки Биной фарзанди замони худ буд. Адиб ба мукобили хама гуна беадолатихо муборизаи беамон бурда, инсони покро ситоиш намуд. Одамонро ба илмомузй, накукорй, пархезкорй, поквичдонй хидоят кард, ки имруз хам фикрхои тарбиявй-ахлокии шоир кимати худро гум накардаанд.

323

Page 324: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Дар бораи хаёти Биной накл кунед.2. Биной дар бораи илмомузиаш чй мегуяд?3. Шоир чаро ба дарбор меравад?4. Сабаби дарборро тарк намудани адиб дар чист?5. Поёни умри Биной чй хел гузашт?6. Биной кадом асархои илмию адабиро иншо кардааст?7. Дар китъаю рубоиёти шоир кадом мавзуъхо мавкеи асосй

доранд?8. М авзуьхои газалиёти адибро гуед ва бо мисолхо

фахмонед.9. Бо чй максад шоир «Бехрузу Бахром»-ро иншо кард?10. Масъалахои асосии достон кадомхоянд?11. Ба шумо номи достон маъкул аст? Чаро?12. Назари шумо дар хусуси таъсири мухит ба чамъият дар

тарбияи шахе чй гуна аст?13. Аз хондани достон чй манфиат бардоштед?

Руйхати адабиёти илмй ва методй:

1. С. Айнй, Восифй ва хулосаи «Бадоеъулвакоеъ», Куллиёт, чилди 13. «Ирфон», Душанбе, 1978.

2. А. Н. Болдырев. Зайниддин Васифи, Сталинабад, 1957.3. Т. Миров. Дастури методии «Адабиёти точик барои синфи

9». «Маориф», Душанбе, 1986.

324

Page 325: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

БАДРИДДИНИ ХИЛОЛИ (1475-1529)

Моро ба цафо кушта пушаймоншуда боиш,

Хуни дили мо рехт а уайронтуда бошй?

Шархи холи шоирБарои мардуми Хирот шаби чумъаи соли

1529 шаби бехосият буд. Дору гир, доду фарёд, гиряву лобаи кудакону занон хомушии шабро халалдор мекард. Ясавулон ва сарбозони У байдуллохон хонахои мардумонро талаву тороч мекарданд, одамони «гарданкаш», «ёгй» ё шиъамазхабонро ба зиндону козихона мебурданд. Чор сарбози Убайдуллохон ба назди дарвозае омаданд. Так-так карданд.

- Кист?- Кушо, мо одамони хон!Марде дарвозаро кушод.- Хонаи кист?! - пурсид яке аз одамони хон.- Бадридцини Хилолй.- Хабар кун, биёяд!- Ман?- Ха, ту! Шиъаи хар!- Дахон нигох доред! Одоб чавхари инсон аст. Аввал пурсиш,

баъд кушиш!- Бас сафсата. Рафтем ба махкамаи козй. Дар хамон чо

мефахмй.Чокарон ба забон кушодани шоир имконият надоца, уро

гирифта кашон-кашон ба махкамаи козй оварданд. К°зихона дар ин ними шаб хеле серодам буд. Пас аз интизорй Хилолиро ба назди козикалон Шамсидцини Кахтонй дароварданц. Чор нафар дар руи курпачахои махмалин нишаста, тасбех мегардонданд.

Хилолй шарту русуми инсонй ба чо оварда салом дод. Аммо салом бечавоб монд. Крзикалон ба хучум гузашт:

325

Page 326: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

- Шумо, шоир Хдполй? Чунин бандахои оси ба худ лакдбхои осмонй чуста меёбанд. Садкди хилоли Худой мутаъол шавед!

- Ман гунохе надорам ва сабаби ба мархамати шумоён расиданамро намедонам.

- Намедонй?! Хамаашро нагз медонй! Холо ба ёдат меорем. Аввалан, дар як шеърат хони покдину маъдалатгустар, хомии шариати ислом Убайдуллохонро танкиду мазаммат кардай. Магар ин гунох нест?! Сониян, аз руи кору рафторат шиамазхаб хастй. Ба шиа буданат ин хомиёни дину диёнат гувох хастанд ва шиа буданатро тасдик мекунанд.

Мавлоно Бакоии Ланг ва Мавлоно Гулчехр, ки дар назди козикалон хузур доштанд, аз чой бархеста, суханони Мавлоно Шамсидцинро тасдик карданд.

- Баред! Пагох дар бозори Чорсу амри моро амалй кунед! Хуршеди оламтоб кайхо аз паси куллахои кух баромада, саховатмандона нурпошй мекард. Вале офтоби зиндагии шоир Хилоли ру ба гуруб оварда буд. Шоири номуродро ясавулон кашон-кашон ба суи бозори Чорсуи Хирот мебурданд. Як гурух мардуми авом ба холи шоир гиря мекарданд ва баъзе хасудон, нотавонбинон ва ракибони шоир ба сари Хилолй санг мепартофтанд. Сари шоир хуншор шуда буд. Катрахои хун ба руи гандумгунаш таровида, риши мошубиринчии шоирро лолагун мекарданд. У бо сари баланд пеш мерафт. Аз байни хасудону нотавонбинон, дустон, хешу акрабояшро мечусту медид, ки онхо гирён буданд. Шоир бо ишорат бо онхо хайру хуш менамуд ва байти зерро бо дарду алам мехонд:

Ин цатраи хун чист бар руи ту, Хилолй,Гуё, ки дил аз гусса ба руи т у давида.

Нихоят Хилолиро ба бозорчой оварданд. Дар назди у чаллод Сайфулло шамшер дар даст меистод. Кдтлгох баландтар буд. Ш оир издихомро хуб медид. Чанд дакика хомушй хукмфармо гардид. Сонй ба шоир ичозат доданд, ки чанд сухан гуяд:

- Хешу табор, дустон! Бо Шумо худохофизй мекунам. Онхо дар касди чони ман буданд. Имруз ба максад мерасанд. Гунохе надорам, хасудон, нотавонбинон, амири бехирад душмани чони ман шуданд.

326

Page 327: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

- Кушед шоири бадмазхдбро! Бас лаккидан, - ба Сайфулло фармон дод шахси масъули Убайдуллохон. Сайфулло фармонро ба чо овард.

Соли катли Хилолй 936 хичрист, ки ин ба соли 1529 мелодй рост меояд.

Падару бобои Х,илолй дар шахри Астаробод зиндагии хоксоронае доштащк Хдполй дар хдмин чо, тахминан соли 1475 ба дунё омадааст. У тахсили ибтидоияшро дар Астаробод гузаронида, пас ба марказй илму адаб шахри Х,ирот меояд. Дар ин чо дар як мудцати кутох илмхои калом, мусикй, таърих, нучум ва гайраро ба хубй аз худ мекунад. Чуноне ки хамзамононаш кайд кардаанд, Хилолй хануз аз хурдй хушзехн буда, истеъдоди бузурги сухандонй доштааст. Аз ин чост, ки дар синни 15-16-солагй овозаи шеърй у баланд мешавад ва ба сухбати Чомию Навой барин бузургони илму адабй замонаш шарафёб мегардад. Муаллифи «Таърихи хулосатулахбор» Мухаммад Хондамир дар ин бора чунин мегуяд: «Мавлоно Хилолй дар назми газал бебадал аст. Лекин дар ин айём забон аз гуфтори ашъор фуру баста ва аксар авкотро ба тахсили улум сарф мекунад».

Хилолии чавон абёти адибони бузурги гузаштаро аз бар намуд. «Хамса»-хои Низомию Амир Хусрав ва достонхои Абдурахмони Чомиро ба тамом аз ёд медонист.

Бадриддин Хилолй бештари хаёташро дар Хирот гузаронд. Оиладор шуда сохиби фарзанд гардид. Дойр ба ин масъала адиб дар достони «Лайлй ва Мачнун» ба тарзи зайл ишорат кардааст:

Эй дурри шарар зи баури кавнайн,Фарзанди азиз - цурратулайн.1 Бишнав сухани маро, ки панд аст,Панди падар аст, судманд аст.

Хилолй хеле кам сафар кардааст. Аз сарчашмахои таърихй ва адабй равшан мегардад, ки у танхо як маротиба ба Кандахор сафар карда, бо ахли адабй он чой сухбатхо оростааст. Шоир марди сухбаторо ва хозирчавоб будааст. Чунонки муаллифи «Акбарнома» Муборак Алломй дар асараш зикр кардааст,

1 Курратулайн - нури дида, фарзанд327

Page 328: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

хокими Кандахор Мирзо Комрон базме ташкил мекунад. Дар он шоирон, олимон ва дигар аркони давлат иштирок доштанд. Хилолй хдм ба базм хозир шуда, аз Мавлоно Наргисй болотар менишинад. Аз ин болонишинии Хилолй Мулло Наргисй меранчад ва байти зерро навишта, ба дасти Хилолй медихад:

«Нокасе гар аз касе боло нишинад, бок нест,3-он ки хас бар руи обу зери даре гав уар аст».

Хилолй фавран чавоб мегардонад:

Хар кй уро табъ бошад, цои у болотар аст,Хар киро табъе набошад, чои у зери дар аст.

Мирзо Комрон вокиф шуда, гуфг: «Чй гуфтугу доред?» Мулло Наргисй арз кард: «Имруз мулло Хилолй чои худро надониста».

Мирзо гуфтанд:- Эй мулло Хилолй, чаро надониста боло нишастй?

Мулло Хилолй гуфт:- Ман дар ин чо тавзехдо2 дорам.Мирзо гуфтанд:- Бигу!Гуфт:- Номи ман Хилол аст, номи эшон Наргис. Хилол дар осмон

аст ва наргис дар замин бируяд. Дигар, шоирон Абруро х,илол гуянд ва чашмро наргис, абру болои чашм аст. Аз ин сабаб боло нишастаам».

Хамин тавр, шоир дар айёми чушу хуруши эчодй аз дасти шохони чохдлу золим чонй азизи хешро ба Чрнофарин супорид, ки мо дар боло хикоят кардем. Имруз кдбри шоир дар шахри Хироти Афгонистон барчост, зиёратгохи ахли хирад аст.

Мероси адабии Хилолй. Бадриддини Хилолй асосан дар байни хосу ом хамчун шоири газалсаро машхур гардидааст. Дар ин бора худи адиб чунин мегуяд:

Нацди ганцинаи сухан газал аст,Шукри Бори, ки назми ман газал аст.

2 Тавзех — сабаби чизе ё кореро шарх додан.

328

Page 329: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Он ки назми газал тавонад гуфт,Маснавиро чу дур тавонад суфт!

Аз ин ру, кисмати зиёди девони Хдлолиро, ки соли 1521 бевосита худаш тартиб додааст, газал ташкил медихад. Девони у кариб аз 360 газал, 32 рубой, 8 китъа, чистони «Шамъу фонус» ва дигар жанрхои хурди лирикй иборат аст, ки микдори абёти он ба 2700 байт мерасад.

Мавзуи китъа ва рубоиёти шоир мухталиф буда, дар онхо акидахои фалсафй, ахлокй ва ичтимоии адиб инъикос ёфтаанд. Масалан, дар рубоии зер Хилолй таъкид мекунад, ки дар ин рузгор инсони бегам вучуд надорад. Тачрибаи хаёт, рузгори одамони чамъият адибро ба чунин хулоса овардааст. Хилолй дид ва мушохида намуд, ки истехсолкунандагони неъматхои модцй хору забунанд:

Дар олами бевафо касе хуррам нест,Шодию нишот дар бани одам нест.Он кас, ки дар ин замона уро гам нест,Е одам нест, ё аз ин олам нест.

Дар китъаоти шоир нуксонхои чомеа фош гардида, шикоят аз зулм, нобаробарии ичтимой ва гайра баланд садо медиханд:

О у аз ин рузгори баргашта,Ки зи ман лауза-лауза баргардад!Гар фалакро ба коми худ хоуам,У ба коми каси дигар гардад.

Табиист, ки хунрезихо, зулму истисмори табакаи боло сабаби кашшокии омма мегардид. Ахвол бад буд, боз бадтар мешуд. Барои хамин дар анчоми китъа шоир аз он шукр мекунад, ки дар оянда ахвол аз ин хам бадтар нашавад:

Лек бо ин хушам, ки толеи ман,Натавонад, к-аз ин батар гардад.

Хилолй дар солхои охири хаёташ се достон эчод кардааст, ки ин сабаб дорад. Боре дар як анчумани шоирон сухан аз Хилолй рафт. Аксарияти устодони сухан шеърй уро таъриф карданд ва дар эчоди жанрхои хурди лирикй, махсусан

329

Page 330: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

газалсарой бебадал будани шоирро ёдовар шуданд. Дар байни онхо адибе буд, ки танхо маснавй ё достон мегуфт. Хамин шахе Хилолиро мазаммат намуда мегуяд, ки у факат газал мегуяд. Дар достон гуфтан дасткутох аст. Пас аз ин Х,илолй ба навиштани достон шуруъ мекунад. Дар ин бора Х,илолй чунин мегуяд:

Буд шахсе ба маснавй маищур,Дар фунуни сухан ба худ магрур.Гуфт: «Оре, агарчи бебадал аст,Шеваи шеъри у %амин газал аст.Нест уро зи маснавй хабаре,Дар рауи мо зи пайравй асаре»Бетааммул аз он миён час там.Ба тааммул миёни худ бастам.Бозуи фикрро цавй кардам,Руй дар кори маснавй кардам.

Хдполй дар кисмати охири достони «Лайлй ва Мачнун» дар бораи се маснавияш чунин мегуяд:

А ввал су хане, ки гуфт аз ин пеш,А фсонан шох; буду дарвеш.Зебо гусаре зи баъди он суфт,Назме зи сифоти ошицон гуфт.Гуфт аз пайи он китоби мавзун,Афсонаи цонгудози Мачнун.

«Шоху Дарвеш». Маснавй аз 1444 байт ва 28 боб иборат аст. Се боби аввал, чун анъана, ба Худову расул, ситоиши онхо бахшида шудаанд. Боби 4-ум дар таърифи сухан ва боби 5-ум дар сабаби назми китобанд. Пас аз ин мавзуи асосии асар шуруъ мегардад. Мавзуи асосии «Шоху Дарвеш» ирфонй буда, сухан аз ишку мухаббати шох бо дарвеше меравад.

Аз чихати идея маснавй кимати баланд надорад. Хануз хамзамононаш, аз чумла Бобур Мирзо маснавиро танкид карда, кайд карда буд, ки ишку мухаббат бояд дар байни марду зан шавад, на мард бо мард (Шох ва Гадо). Аммо бояд гуфт, ки маснавй аз лихози зебой, содагй, равонй, истифодаи таъбир,

330

Page 331: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

зарбулмасалу маколхои халкй, умуман, санъати суханварй хеле хуб иншо шудааст. Ш оир баъзан дар ручуъхои лирикиаш сифлагон, муддаиён, золимонро, ки ба халк чабру ситам мекунанд, ба зери тозиёнаи танкид мегирад.

«Сифотулошикии». Маснавй аз 1200 байт иборат буда, дар мавзуи панду ахлок суруда шудааст. Асархои ахлокии Низомии Ганчавй, Хусрави Дехлавй ва Саъдии Шерозй ба адиб илхом бахшидаанд. Ба хамин маънй Хилолй ишорат карда мегуяд:

Навиштам номае дар некномй,Ки Хусрав офарин карду Низомй.Калиди «Махзануласрор» бо уст,Фуруги «Матлаъуланвор» бо уст,«Гулистон»-ест дар вай «Бустон»-уо,Дар авроцаш уазорон достощо.

Маснавии Хилолй мисли асархои Низомию Амир Хусрав сужети ягона надорад. Асар аз 20 боб иборат аст. Хар боб мустакил буда, ба мавзуи алохидае бахшида шудааст. Мавзуи умумии асар таърифу тавсифи хислатхои хамидаи инсонй буда, шоир дар баробари ситоиши хислатхои нек рафтори бади одамонро накухиш мекунад. Як чихати мухими маснавй боз дар он аст, ки Хилолй мувофики мазмуни боб хикояхои тамсилй ва ахлокй меорад ва ба ин восита фикрхои худро кувват медихад. Махсусан бобхое, ки дойр ба масъалахои сидку вафо, саховату чавонмардй, сабр, каноат, одоб, хаё, адолатхохй, химматбаландй бахшида шудаанд, кимату арзиши баланд доранд ва имруз хам ахамияти тарбиявии худро гум накардаанд.

Хамеша росткорон растагоранд,Ки гайр аз ростй коре надоранд.

Сафо меборад аз мардони содик,,Ки цавлу феълашон омад мувофщ.

Боби 4, ки «Дар хулки хуш» ном дорад, ба мукобили одобу ахлокй пасти чавонони рузгори шоир равона карда шудааст. Шоир чавононеро, ки намуди зебо, сару либоси пурдабдаба доранд, вале одобу ахлокашон ношоиста ва разилона аст, сахт мазаммат мекунад.

331

Page 332: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Цавоно, чанд бадхуй тавон кард,Зи хуи бад цафоцуй тавон кард?Ту инсонй, тарици деву дад чист?Ба он руи наку ин хуи бад чист?Накуху аз дари роуат дарояд,Чу гул х,ар цо ки бошад, хуш барояд.

Хилолй чавононро даъват менамояд, ки дар рохи саодати халк, ободиву ягонагии мамлакат хамеша тайёр бошанд. Ба душманони Ватан зарбахои чонкохе задан ва кахрамониву фидокорй нишон додан вазифаи мукадцаси хар як ватандуст аст:

Биё, эй бедили аз кор монда,Зи бим андар паси девор монда.Далерй кун, ки майдон аз далер аст,Агар рубах, далер афтод, шер аст.К,авидил шав, ки дар майдони мардй,Гар аз куштан битарсй, кушта гардй!

Суханони боло ба замони Хдлолй вобастагии кавй доранд. Дар рузгори адиб Мовароуннахру Хуросон сахнаи чангхои шадид, кушторхои зиёд гардидаанд. Бинобар ин, шоир окибати фочиавии ин тохтутозхоро хис карда, ба воситаи сухан хамватанонашро ба далерию кахрамонй, ба химояи ватан даъват намудааст.

Достони охирини Хилолй «Лайлй ва Мачнун» аст, ки шоир онро дар пайравии достонхои хамноми Низомии Ганчавй ва Амир Хусрави Дехлавй иншо намудааст. Дар бораи достони мазкур дар поёнтар алохида таваккуф хохем намуд.

Мавзуъ ва мундаричаи идеявии газалиёти шоир. Газал дар асрхои XV- XVI яке аз жанрхои маъмултарини адабиёти бадей ба шумор мерафт. Аксарияти адибони ин давр газал эчод карданд.

Саромадони ин жанр Ч,омй, Биной ва Хилолй буданд. Бадриддини Хилолй дар сурудани газал асосан пайрави Амир Хусрави Дехлавй ва Хасани Дехлавист:

Хилолй аз камоли шеър дорад мансаби шо.\й,Ки сузи Хусрав асту нозукиуои Хасан бо у.

332

Page 333: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Газалх,ои шоир бо салосат, равонйю содагй ва хушохднгй аз дигар адибони хамзамонаш фарк мекунанд. Аз чихати мазмун ва сохти композитсионй нисбат ба даврахои гузашта дар байни онхо фарке дида намешавад. Аксарияти газалхои шоир аз 6-7 байт иборатанд. Махсусан матлаъ ва мактаи газалхои адиб бо камоли махорат иншо шудаанд.

Мавзуи газалиёти Бадриддини Х,илолй гуногун буда, ба масъалахои хаёту зиндагии инсон, гаму андух, орзую омоли вай бахшида шудааст. Дар бештари газалхояш шоир ишки пок, мухаббату садокати инсонро сурудааст. Ба хамин маънй шоир ишорат карда, дар газали зер худашро подшохи майдони ишк мегуяд:

Кори ман аз цумлаи олам х;амин ишк, асту бас,Оламе дорам, ки дар олам надорад х,ец кас.Подшохи аз,ли дардам бар сари майдони иищ,Ман миёни фитнаву хайли бало аз пешу пас!

Махбубаи шоир олихаи зебоест. Уро ситоиш мекунад. Бе у зиндагй кайфиятеву лаззате надорад. Шоир дар тавсифи хусну малохати ёраш гуё очизй мекашад. Адиб аник менамояд, ки чон аз хама чиз бароям азизтар аст, вале ту аз он хам хуштарй ва барои ман умри човидон хастй.

Цон хуш аст, аммо пешеходам, ки цон гуям туро, Хоз;ам аз цон хуштаре бошад, ки он гуям туро.Ман чй гуям, к-он чунон бошад, ки з;адди з;усни туст, Хам ту худ фармо, ки чунй, то чунон гуям туро.Чони ман, бо он ки хос аз баз;ри рафтан омадй,Соате биншин, ки умри цовидон гуям туро.То рещибонро набинам хушдил аз гамз;ои хеш,Аз ту бинам цабру бо худ мехрубон гуям туро!Баски меховом, ки бошам бо ту дар гуфту шунид,Як сухан гар бишнавам, сад достон гуям туро. Хуштар аз мез;р аст з;ар цавре, ки бо ман мекунй, Моз;и ман хуш нест, гар номех,рубон гуям туро.

Х,илолй дар газали «Ошики зори кистй?» худашро ба нодонй зада, махбубаашро шоирона тавсиф мекунад. У хангоми тавсифаш аз санъати тачохули ориф мохирона истифода

333

Page 334: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

кардааст, яъне худро ба нодонй зада, сифатхои баркамоли маъшукдро ёдовар мешавад, ки ин тарзи адо хусусиятхои хоси ин санъат аст:

Эй зи бауор тозатар, тозабауори кистй?Цах, чй нигори турфай, турфанигори кистй?Хает рухи ту моуи нав, кавкаби туст шоуи уусн, М оуи кадом кишварй, шоуи диёри кистй?Лолаву сарви ин чаман мунфаиланд пеши ту,Сарви кадом гулшанй, лолаузори кистй?

Газалхои ишкии шоирро бо як шуру хаячон хонда, кас ба хубй эхеос мекунад, ки ишки шоир реалй, заминй, вок,ей аст. Яъне духтари мавзункомат, дилкашу мохталъатест, ки дар назди кахрамони лирикй буда, зиндагии уро зеботар мегардонад:

Рузи навруз асту сарви гулъузори ман куцоет ?Дар чаман ёрон уама цамъанд ёри ман куцоет?Гашта мардум уар яке имруз сайди чобуке,Чобуки сайдафкани мардумшикори ман куцоет?Нест як соат царор ин цони нооромро,Ё Раб, он ороми цони бецарори ман куцоет?

Вале боз шоир шукр мекунад, зеро у ошик асту гаму дарди ишк дорад:

Дармони мо мацуй, Хилолй, ки дарди ишк,Хос аз барои цону тани дардноки мост.

Гайр аз ин дар газалиёти Хдлолй мавзуъхои ичтимой, ахлокиву тарбиявй низ ба чашм мерасанд. Шоир дар як газалаш ишорат кардааст, ки чомеаи онруза «олами харобобод» аст ва хуб мешавад, ки касе пайдо шавад ва он асосй зулму ситамро барканда, чамъияте барпо кунад, ки дар он адлу инсоф бошад. Яъне у тарафдори шохи одилу халкпарвар аст:

Хушо касе, ки дар ин олами харобобод,Асосй зулм фиканду бинои дод ииуод!Тавонгаре, ки дари хайр бар фацирон бает,Даре зи олами боло бар руи он накушод.Касе, ки ёфт бар ауволи зердастон даст,Ба зулм агар наситонад, Худош хайр диуод.

334

Page 335: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Дар ин шеър, махсусан дар байти охир, фикри некандешонаи адиб ниебат ба бечорагон, зердастон хеле баланд садо медихдд. Илова бар ин, шоир ахли чамъиятро ба дустию рафокат, хамдилию хамкорй, ба якдигар дар хар маврид мададгору рухбардор будан даъват менамояд:

Бархез, то ниуем сари худ ба пои дуст,Цонро фидо кунем, ки сад цон фидои дуст.Хошо, ки гайри дуст кунад цо ба чашми ман,Дидан наметавон дигареро ба цои дуст.Аз дуст уар цафо, ки расад, цои миннат аст,Зеро ки нест уец вафо чун цафои дуст.

Барои хамин шоир ба хулосае меояд, ки бе ёру дусти хакикй зиндагй кардан, хаёти хушбахтона гузаронидан мухол аст. Хдёт бе ёру дусти гамхор кайфияте, максаде надорад:

Бе ёр ба олам натавон буд, Хилолй,Олам ба чй кор ояд, агар ёр набошад.

Умуман, Хдполй дар газалиёташ андешаву афкори умум, яъне одамони табакахои поёни чамъияти онрузаро инъикос намудааст. Дарди дил, гаму андухи шоир дарди дармондагон аст.

Баъзе хусусиятхои бадеии газалиёти Х,илолй. Пеш аз хама газалиёти Хдлолй бо содагию равонй ва нафосату салосату назокати худ фарк мекунад. Кор фармудани санъатхои маънавй ва лафзй, истифодаи таъбир, зарбулмасалу маколхои халкй газалхои уро пурмухтаво, чозибадор ва таъсирнок гардондаанд.

Шоир дар газалиёташ махсусан аз санъати талмех, тачнис, муболига, ташбех, киноя, истиора, тавсиф бо камоли устодй истифода бурдааст. Барои мисол порчаи зерро гирем:

Дустон, имшаб давои цони маузунам кунед!Бар сарам афсонае хонеду афсунам кунед!Нест андууи маро бо дарди Мацнун нисбате, Мешавам девона, гар нисбат ба Мацнунам кунед. Лолагун шуд хирцаи садчокам аз хуноби ашк,Шаруй ин сур сип ба шухи цомагулгунам кунед. Шаусавори ман ба сауро рафтаву ман мондаам,3-ин гунау, аз шаур мехоуам, ки берунам кунед.

335

Page 336: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Санъати тазоду мукобала ба газалиёти шоир таровати махсус бахшидааст. Дар байти зер дар мисраи дуюм санъати тазод хеле хуб каламдод шудааст:

Хох,ам, ки ба зери цадамат зор бимирам,Харчанд куш зинда, дигар бор бимирам.

Дар байти зер шоир аз санъати ташбех («чу парй», «мани девона») ва тазод («дида, надида») устокорона истифода бурдааст:

Эй .\амчу парй аз мани девона рамида,Сад бор маро дидаву гуё, ки надида.

Хилолй газали «Ба чашм»-ро дар пайравии газали Камоли Хучандй эчод кардааст. Аз мукоисаи ин ду газал равшан мегардад, ки Хилолй ба газали Камол чавоби муносиб гуфтааст. Дар мавзуъ, вазн, кофия ва радиф дар байни онхо хамохангй ба хубй мушохида мешавад.

Базали Хилолй собит менамояд, ки у аз ухдаи чавоб гуфтан ба хубй баромада тавонистааст. Асоси газалро санъатхои саволу чавоб ва тачнис ташкил медиханд. Ибораи «Ба чашм» ба ду маъно омадааст. Аввалан, ба маънои кабул ва, дуюм, ба маънои аслиаш.

Камол:Ер гуфт: «Аз гайри мо пушон назар».

Гуфтам: «Ба чашм!», «В-он гщ е дуздида бар мо менигар».

Гуфтам: «Ба чашм!». Гуфт: «Агар бар остонам об хох,й зад зи ашк,Хам ба мижгонат бируб он хоки дар».

Гуфтам: «Ба чаиш!»Хилолй:

Ёр гуфт: «Аз мо макун цатьи назар».Гуфтам: «Ба чаиш!»,

Гуфт: «Катъан х,ам мабин суи дигар».Гуфтам: «Ба чашм!».

Гуфт: «Агар бо мо сухан дорй, ба чашми дил бигу,То нагардад гуши мардумро хабар».

Гуфтам: «Ба чаиш!».

336

Page 337: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Х,илолй зарбулмасал ва маколхоро, ки имруз хам дар байни халк маъмуланд, гох айнан ва гохе мазмунан истифода бурдааст. Масалан, имруз хам дар байни халк зарбулмасалу маколхои «Кори имрузаро ба фардо нагузор», «Ч,уянда - ёбанда», «Дасти ману домони ту», «То дам аст, гам аст» ва гайра машхуранд. Зарбулмасалу маколхои халкиро Хилолй ба ин тарз истифода бурдааст:

Рузи васл аст уам имруз, фидои ту шавам!Кори имруз нашояд, ки ба фардо афтад.Касон гуянд: «Хар цуяндае ёбандае бошад»,Туро мецуяму уаргиз намеёбам, чй уол аст ин?!

Дар газалиёти шоир табиати зебо бо тамоми рангорангиву хашаматаш пеши назар чилвагар мешавад. Махсусан бахори нозанин, шукуфтани гулхо, нагмасароии паррандагон дар дашту хомун, богу бустонхо чунон тасвир шудаанд, ки ба кас халоват ва завки эстетикй мебахшанд. Масалан, дар газали «Ту бошию ман» ин матлаб хеле зебо ифода ёфтааст. Кахрамони лирикй орзу дорад, ки дар замин, дар чаман, дар назди гулу ёсуман, дар Рум ё Чин, хулоса дар кучое, ки бошад, бо хам бошем, аз дидору чамоли якдигар бенасиб нагардем:

Хуш он, ки дар уама руи замин ту бошию ман,Ба чуз ману ту набошад, у амин ту бошию ман.Бауор мерасад, оё бувад, ки дар чамане Нишаста пои гулу ёсумин ту бошию ман.Мауон ба цилвагауи нози худ рацибонро!Хамин бас аст, ки, эй нозанин, ту бошию ман.Хуш аст уамсафарй бо ту, хоса он вацте Ки гар ба Рум равам ё ба Чин, ту бошию ман.Бауор омаду гашт ин уавас зи шаек, маро,Ки бар канори гулу ёсумин ту бошию ман.

Пас аз марги шоир шухрати газалхои намакину рангинаш ба хар диёр пахн мешавад, зеро хусусияти хушохангию мавзунияти онхо бисёр баланданд. Ин аст, ки дар хдр як махфил, базму сур аз забони хофизони хушхон газалхои шоир садои фораму дилкаш дода, ба дилхо дармон мебахшанд. Ва аксарияти газалхои Хилолй ба асари класикии мусикии точик

337

Page 338: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

«Шашмаком» дохил шудаанд ва имруз хам дар ичрои хофизони шашмакомхон садо медиханд.

Достони «Лайлй ва Мачнун». Достони «Лайлй ва Мачнун» нуктаи баландтарини эчодиёти Бадриддин Хилолист. Мавзуи достон нав нест. К,иссаи Лайлй ва Мачнун хануз дар эчодиёти шоирони асри X ёдрас шудааст. Ин кисса яке аз афсонахои маъмули мардуми араб буда, пас аз истилои арабхо дар байни халкй мо пахн мешавад. Бори аввал дар таърихи адабиёти точику форс шоири асри XII Низомии Ганчавй ин киссаро ба риштаи назм даровардааст. Сониян, Амир Хусрави Дехлавй, Ч,омй, Навой, Хилолй ва дигарон дар пайравии Низомй ва Амир Хусрав достонхои худро иншо кардаанд. Мавзуи асосй ё сужети кисса кариб дар хамаи достонхо такрор меёбад. Тафовут баъзан дар эпизодхо, характери кахрамонхо ба назар мерасад. Мавзуи кисса ишкист. Ишки фочиавии ду дилдода - Лайлй ва Мачнун асоси достонхоро ташкил медихад.

Бадриддин Хилолй низ ба адибони гузашта, махсусан ба Низомии Ганчавй, Амир Хусрави Дехлавй ва Абдурахмони Ч,омй пайравй карда, достонашро эчод кардааст. Шоир дар хотимаи асар ба ин масъала ишорат намуда чунин мегуяд:

Буданд сегонаи замена,Хар як ба ягонагй фасона...Ман кистам аз шумори эшон,Корам нарасад ба кори эшон.Эй ман саги остони Ч,омй,Хоки дари Хусраву Низомй.Эшон ба^ранду ман саробам,Эшон ганцанду ман харобам.Дорам ду-се гавх,арв парешон.Он низ зи бах,ру кони эшон. *

Аз ин байтхо ба хубй пайдост, ки шоир марди хоксору фурутан будааст. У худашро дар назди устодони гузашта хеч мешуморад, Албатта, ин бузургии инсон аст. Аз тарафи дигар, ин байтхо ба мукобили шоирони маддохи худбин, ки худро ягонаи дахр ва аз хама шоирони гузашта мукаддамтар ва бузургтар мегузоштанд, равона карда шудаанд.

338

Page 339: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Сужети достон. Достони «Лайлй ва Мачнун» аз 1770 байт ва 34 боб иборат аст. Асар мисли достонхои Низомиву Амир Хусрав дар бахри хдзачи мусаддаси ахраби макбузи махзуф (- - V/ V - V -/ V - -) суруда шудааст. Сужети мухтасари он чунин аст: «Мири араб писараш Кдйси хурдсолро ба мактаб медихад. Дар ин мактаб бо Лайлй ном духтараки зебое, ки аз кабилаи дигар аст, вомехурад. Онхо бо хам унс гирифта мухаббат пайдо мекунанд. Боре Кайс Лайлиро дида бехуш шуда меафтад. Лайлй омада уро ба хуш меорад. Пас аз ин киссаи ишку мухаббати онхо дар байни мактабиён овоза мегардад. Ин хабар ба гуши модари Лайлй мерасад ва у духтарашро дигар ба мактаб рафтан намемонад. Кайс тагйир ёфта девонаавзоъ мешавад ва мардум номи Мачнунро ба у муносиб мебинад. Боре Мачнун ба сурати гадоён даромада ба хонаи Лайлй меравад ва бо у мулокот меку­над. Сипае, мулокоти уро падараш манъ мекунад ва Мачнун мачбур мешавад, ки ба дашту хомун барояд ва дар фироки Лайлй нола кунад. Падар барои овардани фарзанд саъю кушиш мекунад ва бо маслихати пири хирадманд дар хонаи хоби Мачнун сурати Лайлиро мегузорад. Пас Мачнунро меорад. У чанд руз дар хона меистад ва аз тамошои сурати Лайлй то андозае таскин меёбад. Аммо боз у токат накарда, ихтиёри дашту хомун карда, бо чонварон ва вахшиён унс мегирад. Боре Лайлй ба максади зиёрати мазоре аз хона берун шуда, Мачнунро чустучу мекунад ва нихоят уро ёфта мулокот мекунад. Пас аз ин ходиса падари Мачнун рафта уро ба хона меорад ва барои муолича табиби хозикеро даъват мекунад. Табиб мегуяд, ки ягона илочаш хамин аст, ки ба у Лайлиро хостгорй кунед. Падар ба хонаи Лайлй меравад. Аммо волидайни Лайлй чавоби инкор медиханд ва мегуянд, ки Кайс девона аст. Ин хабарро ба воситаи доя Лайлй шунида эътироз баён мекунад ва мегуяд, ки ба чуз Мачнун каси дигарро намехохад. Дар хакикат, хангоме ки Ибни Салом барои писараш Лайлиро хостгорй мекунад, Лайлй чавоби рад медихад ва мегуяд, ки ба у чуз Мачнун каси дигар лозим нест.

Сардори кабила Навфал дар биёбон Мачнунро дар холати мадхушй дида, уро ба хуш меорад, парасторй мекунад ва хамаи саргузашти Мачнунро аз у мефахмад ва мехохад, ки ба у ёрй расонад. Барои хамин ба падари Лайлй мактуб навишта хохиш

339

Page 340: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

мекунад, ки бояд ин ду дилдода ба мурод расанд. Агар чавоби рад шавад, дар байни мо чанг ногузир ба вукуъ меояд. Падари Лайлй кабул намекунад ва дар байни ин ду кабила чанг огоз мегардад. Навфал галаба мекунад ва асирони зиёд мегирад. Дар байни асирон Лайлй хдм ганимат меафтад. Вале Мачнун намехохдд, ки бе ризояти падару модари Лайлй бо у издивоч кунад. Пас аз ин Навфал Лайлй ва дигар асиронро чавоб медихад. Хангоме ки хешу табори Лайлй аз рафтори Мачнун огох мешаванд, муносибати онхо ба Мачнун тагйир меёбад. Падару модари Лайлй барои издивочи онхо ризоят медиханд. Туйи арусй o f o 3 меёбад. Х,ар ду кабила дар ин рузи хурсандй иштирок мекунанд. Вале дар охири туй, хангоме ки арусу домод ба якдигар вомехуранд, аз хурсандй шодимарг мешаванд. Туй ба мотам табдил меёбад. Аз ин ходисаи фочиавй мардуми хар ду кабила, падару модари онхо мутаассир гашта, ашки хасрат мерезанд, часади онхоро дар як кабр дафн мекунанд.

Тояи асар. Тавре ки зикр кардем, мавзуи достон ситоиши ишки поки инсонист. Ишки номуроди ду дилдода - Лайлй ва Мачнун. Шоир ба ин восита нишон додааст, ки чомеа, ашхоси бефарханг ва урфу одатхои ачдодй имконият надоданд ин ду чавон, ки якдигарро дуст медоштанд ва бе якдигар зиндагй карда наметавонистанд, ба мурод расанд. Ишку мухаббат ва худи онхоро чомеа нобуд кард. Оре, зан дар хар як самти зиндагй бесадо, бехукук ва мазлум буд. Аммо шоир дар ин достон ба воситаи образхои асар муносибаташро нисбат ба ин масъалахо баён карда, хотиррасон мекунад, ки инсон ва ишки поки уро тахкир кардан нашояд. Хатто хайвоноти вахшй ба Мачнун унс гирифта, дустй карданд, вале чомеа ва афроди нолоик Кайсро тахкир карда, девона хонданд. Чунин ходисахо дар рузгори пешин бисёр буданд. Аз ин чихат асари шоир дар асоси заминахои реалй ба вучуд омадааст.

Тахлили накшхои асосии достон. Симои вокеии Лайлй бо бисёр хусусиятхои худ аз Лайлихои достонхои хамноми шоирони гузашта фарк мекунад. Пеш аз хама, Лайлии Хилолй боакл, сохибчамол, бовафо, нотарс, кавиирода ва дар рохи максад устувор аст. Мухаббати у ба Мачнун пок ва самимист. Хангоме, ки уро ба писари Ибни Салом доданй мешаванд, Лайлй норизоии худро ошкор баён мекунад ва мегуяд, ки ман

340

Page 341: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

танхо Мачнунро мехохдм. базм катъ мегардад, Ибни Салом баромада меравад:

«Аз зери уарамсарои гардунБар кас нарасам, магар ба Мацнун...Обу гили мо якест бо х,ам,4,01 iy дили мо якест бо уам.Чун Ибни Салом з-он хабар ёфт,Баргашту инони азм бартофт.

Аммо дар Низомй ва дигарон Лайлй фаъол нест ва мутей дигарон аст. Д арди дилаш бисёр, вале ош кор гуфта наметавонад. Лайлй дар достони Хилолй нотарсу далер нишон дода шудааст. Ин далериву нотарсй барои мухофизати ишки пок, барои амалй гардидани нияту орзухои начиб аст. У ба Мачнун хитоб карда мегуяд, ки биё, аз байни ин чамъият ишки покамонро гирифта меравем. Дунё васеъ аст. Ба чое мерасем, ки ба гайри мо каси дигаре набошад:

Бархез, ки гум кунем рауро,Чун бод них,ем р у ба са.\ро.Бошем ба зери чархи даввор,Чое, ки тиуй бувад зи агёр.На дуст ба мо расад, на душман.Ман бошаму ту, ту боишву ман!

Садокату мухдббати Лайлй нисбат ба Мачнун чунон бузург аст, ки ба хар роху восита мехохад Мачнунро бинад. Лахзае бошад хам, бо у сухбат намояд. Барои ин бо бахонаи зиёрати мазоре ба мулокоти Мачнун меравад ва уро дар биёбон пайдо мекунад. Ба ин восита, агар аз як тараф, бехукукй, зулму таадии гурухи табакаи болои чомеаро нисбат ба зан нишон дода бошад, аз тарафи дигар, у таъкид менамояд, ки зан дар хаёт бояд мавкеъ дошта бошад. Барои ишки пок, амалй гардидани максаду маром у бояд мубориза барад.

Ба хамин тарик, шоир дар образи Лайлй хислатхои бехтарини занони Шаркро инъикос намудааст.

Мачнун хам ишки пок дорад ва дар садокат устувор аст. Хангоме ки уро падараш ба зиёрати Каъба мебарад, Мачнун

341

Page 342: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ба Каъба сачда карда хох,иш мекунад, ки ишки Лайлиро дар дилаш устувортар кунад. Орзу менамояд, ки ба висоли махбубааш расад:

«Ё Раб, ки маро ба гайри Лайлй Харгиз ба касе мабод майле!Майле, ки ба уст, беш бодо!Хар лауза фузун зи пеш бодо!

Хднгоме ки Лайлй ба Мачнун гурехтанро таклиф мекунад, Мачнун розй намешавад. Барои он розй намешавад, ки шарафу исмати Лайлй барояш аз хама мухимтар аст. Намехохад, ки Лайлй бадном шавад:

Мацнун гуфто: «Бале, фааммо,Бадномии туст ин муаммо.Тарсам, ки миёни чамъи авбош,Ин к,исса ба ту у мате шавад фош.Дар маъракауо фасона гардад,Дар майкадауо тарона гардад.

Аз ин лахза ва лахзахои дигари достон хислатхои хирадмандй, дурандешй, покниятй ва содадилии Мачнун ба хубй эхсос мешаванд. Вакте ки Навфал аз ишки Мачнун огох мешавад, мехохдд, ки ба у дасти ёрй дароз кунад. Хдмин тавр хам мешавад. У бар кдбилаи Лайлй галаба мекунад. Аз руи мантик бояд дилдодагон ба мурод мерасиданд. Вале Мачнун ба Навфал чавоби рад медихад ва намехохад, ки бо зурй ба висоли ёр расад.

Он цавм ба цон шуданд мамнун,Гуфтанд: «Зиуй вафои Мачнун!Он беу, ки вафо кунем бо у,То чанд чафо кунем бо у?Хотир ба салоуи у гуморем,Лайлй ба никоуи у дарорем».

Хилолй ба воситаи образи Мачнун хислатхои гуманиста, поквичдонй, софдилй, вафодории одамони пешкадами чомеаро нишон додааст.

Дар достон Навфал образи мусбат тасвир ёфтааст. Навфал342

Page 343: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

хдм мехохад ба Мачнун некй кунад ва дар хдкикат некй хам кард. Зеро у бо вучуди макому мартабааш ба дарди ишк гирифтор буд. Аз ин ру, дарди Мачнунро дуруст дарк кард:

Бо ин х,ама мулку сарфарозй Медошт cape ба иищбозй.Иищи зи циёс дошт берун,У низ чу К,айс буд Мачнун.

Аммо у хам аз поктинатию инсондустии Мачнун моту мабхут гашт.

П адари М ачнун хам нисбат ба фарзанди чигарбанд мухаббати бепоён дорад. У мехохад ба фарзандаш бо кадом рохе, ки бошад, ёрй расонад.

Ба холи Мачнун дилаш месузад. Ба назди хирадманд,_табиб меравад, то ки фарзандашро аз ин «бало» начот дихад. Уро ба Каъба мебарад. Мачбур мешавад, ки барои хостгорй ба хонаи падари Лайлй равад.

Падари Лайлй аз бисёр чихат мухолифи падари Мачнун гузошта шудааст. У ба зан хамчун ба махлуки паст нигох мекунад. Аз ин чост, ки бар хилофи хохиши духтараш Лайлиро ба шахеи доро, сарватманд доданй мешавад. Дар симои падару модари Лайлй шоир ашхоси магруру худписанд, чизпараст ва волидайни берахму шафкатро ба калам додааст. Чунин падару модарон расму оинхои номатлубро асос карда, бахту саодат ва ояндаи фарзандони худро фикр намекунанд.

Бадриддини Хилолй пеш аз навиштани достони худ «Лайлй ва Мачнун»-хои зиёдеро омухта, мутолиа карда ба хулосаи даркорй меояд. Аввалан, дар асараш лахзахои нав дохил намуда, ба ин восита характери кахрамонхои асосиро таквият медихад. Махсусан образи Лайлй бозёфти шоир аст. Ба воситаи образи Лайлй шоир муносибаташро ба зан нишон медихад. Дар симои Лайлй акидахои пешкадами Хилолй чамъбаст гардидаанд. Аз ин ру, дойр ба ин масъала адиб нисбат ба хамасрон ва шоирони гузашта кадами чиддие ба пеш гузоштааст.

Дуюмин хусусияти фарккунандаи достон боз дар он аст, ки инсонпарварй, яъне масъалаи одамият бо тамоми хусусиёташ дар дарачаи аввал гузошта шудааст. Ин гуманизми Мачнун аст. Мачнун ишки пок дорад. Дар рохи ба максад расидан азобу

343

Page 344: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

машаккат мекашад, чора мечуяд, вале одамиятро аз даст намедихдд. Аз руи аклу хирад рафтор карда бо зурй, бе ризогии падару модари Лайлй ба мурод расиданро раво намебинад. Бо чангу хунрезй ба мухаббат, ба васли ёр расиданро барои худ нанг мешуморад:

Васле, ки ба зури цанг бошад,Номест, ки цумла нанг бошад.Бе майлу ризои цавми Лайлй,М оро набувад ба васл майле...

Шоир бо ин таъкид менамояд, ки инсон дар кадом лахзаи душворе бошад, бояд аз руи хирад, одамият рафтор кунад. Бешубхд, кору амалиёти Мачнун ба рафторхои ношоиста, кибру Fypyp, беандешагй, фиску фучури ашхоси нолоики рузгори шоир мукобил гузошта шудааст.

Байр аз ин достони Хилолй бо як сабку услуби равон иншо шудааст, ки ба хонандагони имруза дастрасу фахмост. Аз ин чихат хам аз достонхои хамноми адибони гузашта фарк мекунад.

Шоир дар тасвири табиат, зебоихои он суханро ба хадци камол расонидааст. Масалан, адиби нозукадо дамидани субх, баромадани Офтобро бисёр рангин ва чозибу дилкаш ба калам додааст.

Чун субх, дарид пардаи шаб,Пургулгула шуд цауон чу мактаб.В-ин луццаи чархи лоцувардй,Аз му у рай зар гирифт зардй.Чун аз дами су буи оламоро Ш уд меури нуууфта ошкоро,3-ин меур, ки синасуз афтод,Сад роз ба руи руз афтод.

344

Page 345: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

САВОЛВА СУПОРИШ1. Хдполй бештар ба омузиши кадом илмхо майл дошт ва

чаро?2. Дар бораи зеуни тез ва табъи баланди Хилолй уамасронаш

чй гуфтаанд?3. Хилолй чй гуна хислатуо дошт?4. Шумо марди сухбаторо ва хозирчавоб будани Хдлолиро

аз чй пай бурдед?5. Сабаби кушта шудани шоирро дар чй мебинед?6. Мероси адабии Хдлолиро номбар кунед.7. Чаро Хилолй ба асари худ «Сифотулошикин» ном

гузоштааст?8. Шоир дар асар бештар ба кадом масъалахо ахамият

додааст ва чаро?9. Х,илолиро чаро шоири лирик мегуянд?10. Чаро Хилолй газалро аз хамаи навъхои адабй баландтар

мегузорад? Шумо ба фикри шоир розй хастед?11. «Лайлй ва Мачнун»-и Хилолй бо кадом хусусиятхояш

аз достонхои хдмноми шоирони гузашта фарк дорад?12. Хилолиро дар ин масъала навовар гуфтан мумкин аст?13. Образи Лайлиро шарх дихед.14. Одамияти Мачнунро шумо дар чй мебинед? Ин амали

Мачнунро чй тавр мефахмед?

РУЙХА ТИ АДАБИЁТИ ИЛМ Й ВА МЕТОДЙ:

1. К.Айни.БадриддинХилоли.Таджикгосиздат, Сталинабад, 1957.

2. А. Афсахзод. Адабиёти форсу точик дар нимаи дуюми асри XV. «Дониш». Душанбе, 1987.

3. Т. Миров. Дастури методии «Адабиёти точик барои синфи 9». «Маориф». Душанбе. 1986.

345

Page 346: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ЗАЙНИДДИН МАХМУДИ ВОСИФИ (1485-1556)

Тарчумаи хол. «М ирзобайрам ва Шохкосим бо чашми гирён ва лаби нолон аз ман чудо шуда рафтанд. Ман дар он мазор, дар гарибию бекасй ва дар холате, ки таб тамоми даруну берунамро месухт, танхо мондам ва дар он хол байтхоеро, ки дар ёд дошгам, бар забон оварда нолаи гарибона мекардам...

Намедонам, маро хоб рабудааст ё таб бурда, ки аз худ рафтаам. Як вакт шунидам, ки касе бар сари кабре бо овози хазин ин байтхоро бо навхаи чонсуз мехонд:

Кош он руз, ки дар пои ту зад хори ацал,Дасти гетй бизадй санги х,алокам бар cap.То дар ин руз цсщон бе ту надидй чаишам,Ин манам бар сари хоки ту, ки хокам бар cap.

Гуянда навхагарии худро бо ин гуна байтхо давом медод. Ин нолахои хазинона маро дар хоби мадхушй фиристод. Як вакт хушёр шудам, ки зани хубруе дар гояти хусну чамол бар сарам нишаста, ба руймоле ашк аз руй пок мекунад.

Чун у маро чашмкушода дид, пурсид:- О, чони модар! Аз кучой ва инчунин афтодаву хору зор

чарой?Гуфтам:Эй, модари мехрубон! Аз Хуросонам ва гарибу бемору

нотавонам.Гуфт:-Эй фарзанди дилбанд! Гам махур, ки ман модари туям, туро

гамхорй ва бемордорй мекунам. Инак, аз барои ту касе фиристода, туро ба хонаи худ мебарам.

Он зан рафту баъд аз замоне гуломе шутуре овард ва маро бар он савор карда, ба хонаи он зани мехрубон бурд. Аммо бемории ман шиддат ёфт ва оташи таб танури пайкарамро тамоман битофт, ба хадде, ки касеро намешинохтам. То чил

346

Page 347: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

руз дар холати бехушй ва бетокатй будам. Баъд аз он аракоби сарде бар оташи табам рехт ва беморй аз баданам чун дуд аз оташ гурехт.

Мехрубонихои он занро бо хеч калам тасвир ва тахрир кардан ва бо хеч забоне такрир намудан мумкин нест. Як модари мушфику мехрубон ба фарзанди навзоди худ чй гуна бо дилсузй нигохубин кунад, у ба ман, ки аз он бемории чонфарсо халос шуда, гуё ба олами хаёт ба тозагй кадам нихода будам, ба хамон дарача, балки зиёдатар аз он дилсузй ва мехрубонй мекард».

Ин як лахзаи гамангези хаёти нависандаи бозарофат Зайниддин Махмуди Восифй буд. Соли 1512, хангоме ки Шох Исмоили Сафавй ба Хуросон лашкар кашида, Хдротро мегирад, бисёр олимон, шоирон ва нависандагон тарки ватан намуда, рохи Мовароуннахру ХинДУстон ва дигар мамлакатхоро пеш мегиранд. Восифй хам хамрохи дустони наздикаш якумрй зодгохашро тарк менамояд.

Зайниддин Махмуди Восифй соли 1485 дар шахри ХИР0Т ба дунё омадааст. Хешу табори Восифй низ аз табакаи миёнахоли шахр буда, бо мехнати халоли худ зиндагиашонро пеш мебурданд. Масалан, Мавлоно Амонй, ки табъи шоирй дошт ва яке аз хешовандони наздики Восифй ба хисоб мерафт, ба касби нахудбирёнкунй машгул буд.

Восифй дар байни хамин гуна ашхос ба камол расид. Тахсили ибтидоиро дар ХиРот гирифт. Падари Восифй Абдулчалил марди донишманду илмдуст буд ва орзу дошт, ки фарзандаш босавод шавад. Дар оянда Восифй тахсилашро дар назди донишмандони маъруфи замон давом дод. Масалан, дар назди Мавлоно Исомуддин Иброхим илмхои мантик, маонй ва баёнро меомузад. Вай кобилияту истеъдоди ачибе дошт. Дар синни 12-13-солагй илми назмшиносй ва муамморо ба хубй аз худ карда буд, ки хатто хусну кубхи шеърхои шоирони бузургро мефахмид.

Дар андак муддат Восифй дар Хирот шухрат ёфта, овозаи донишу камолоти у ба гуши намояндагони мактаби адабии Ч,омй мерасад. Онхо Восифиро даъват карда, дар назди уламо ва удабои замон имтихон мекунанд. Восифй аз имтихон бомуваффакият мегузарад.

Ба хамин тарик, Восифй дар Хирот то соли 1512 ба касби347

Page 348: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

камолот машгул шуда, шохиди задухурдхои сулолахои Темуриён бо Шайбониён ва бархам хурдани сулолаи Темуриён мегардад. Дере нагузаш та Шох, Исмоил ба мукобили Шайбониён лашкар кашида, Х,иротро ишгол мекунад. Онхо он касонеро, ки суннимазхаб буданд, тахкир мекарданд ва бисёрихоро мекуштанд. Х,атто кабри Абдурахмони Ч,ошфо оташ зада буданд. Бинобар ин аксарияти одамони суннимазхаб Хуросонро тарк мекунанд. Восифй хам бо як машаккати зиёд, хамон зайле, ки дар боло гуфтем, гурехта, ба Самарканд меояд. Он вакт 27-сола буд.

Восифй 10 соли хаёти худро асосан дар шахрхои Самарканд ва Бухоро гузаронд. У ба дарбори Убайдуллохон рох ёфта, чанд муддат ба корхои эчодй машгул шуд. Убайдуллохон, ки табъи шоирй низ дошт ва бо тахаллуси Убайдй шеър мегуфт, барои шухрату дабдабаи дарбори худ шоирони зиёдеро чамъ намуда буд. Пас аз чанд муддат хокими Тошканд Севунчхочахон барои таълиму тарбияи фарзандонаш Восифиро ба Тошканд даъват кард. Зайниддин Махмуди Восифй дар Тошканд танхо як сол ба писарони Севунчхочахон Келдимухаммад ва Наврузахмад таълим доду халос. Вай боз ба Самарканд баргашт. Сабаби аз дарбор рафтани у, пеш аз хама, дар он будааст, ки ахли дарбор, ш оирони маддох ва дигар шахсони олирутбаи дарбор нависандаро таъкиб намуда, хар гуна корхои ношоистаро дар хакки у раво дидаанд. Тухмату бухтон, мунофикию бадкирдории ахли дарбор калби адибро мачрух кард, бинобар ин у мачбур шуд, ки мусофират намояд.

Восифй дар Самарканд дар масчиди Атторон ба касби муаллимй машгул гардид. Ин давраи хаёти нависанда то як андозае ором ва осуда буд. Баъди як сол ш огирди Восифй Келдимухаммад хокими Шохрухия таъйин гардид. Вай ахли илму адабро аз хар гушаю канори мамлакат ба дарбор даъват намуд. Дар ин маврид муаллими худ - Восифиро низ аз ёд набаровард.

Зиёда аз 15 соли хаёти нависанда дар ин дарбор гузашт. Дар ин муддат Восифй ба навиштан ва тартиб додани асари бузурги худ «Бадоеъулвакоеъ» пайваста машгул гардид.

Соли 1524 Севунчхочахон вафот мекунад ва Келдимухаммад аз Шохрухия ба Тошканд омада, ба тахти подшохй менишинад.

348

Page 349: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Восифй хдм хамрохи Келдимухаммад ба Тошканд омада, боз ба хамон кори пеш тарааш машгул мегардад. Акнун Келдимухаммад хеле заиф ва касалманд шуда буд, ба корхои давлатй камтар машгул мешуд, бисёртар вакти худро ба айшу нуш сарф мекард. Восифй аз ин истифода бурда, бештар ба корхои эчодй машгул мегардад.

Нихоят, пас аз вафоти Келдимухаммад ба чойи у писари 6- мохааш Х,асансултон хон таъйин мегардад, вале дар хакикат бош ад, идораи давлатро бародари Келдимухаммад Наврузахмад ба ухда дошт.

Вакте ки Хдсансултон 6-сола шуд, Восифй хануз дар дарбор буд. Восифиро муаллими у таъйин мекунанд. Чанд муддат Восифй ба у таълим медихад. Гайр аз ин ёддоштхои худро ба охир расонида, ба Хасансултон мебахшад. Вале, дере нагузашта, Хасансултон вафот мекунад. Он вакт Восифй ба 55 даромада буд, хаёти минбаъдаи нависанда дар Тошканд мегузарад ва дар пиронсолй, чунонки муаллифи тазкираи «Музаккирулахбоб» Хоча Хасани Нисорй мегуяд, Восифй, тахминан, дар соли 1556 дар шахри Тошканд вафот мекунад.

«Бадоеъулвакоеъ».Мазмун ва сохти композитсионии асар.

Восифй дар «Бадоъулвакоеъ» сафархои тулонии худро ба шахрхои Машхад, Нишопур, Самарканд, Бухоро, Тошканд ва гайра бо тафсил накл кардааст. Аз cap гузаронидани ходисахо, вокеъахо, сухбату вохурихои нависанда бо шахсони гуногун, иштироки у дар базму мачлисхои шохону хокимон, фаъолона иштирок намудани вай дар ходисахои сиёсию ичтимоии давр мазмуну мундаричаи «Бадоеъулвакоеъ»- ро ташкил додаанд. Дар адабиётшиносй ингуна асарро асари ёддоштй ё жанри ёддошт мегуянд. Дар асари ёддоштй кахрамони асосй худи муаллиф мебошад.

Эчодиёти Зайниддин Махмуди Восифй гуногун ва серсоха аст. Вай хам дар назм ва хам дар наср кувваозмой кардааст. Адиб кариб дар аксарияти жанрхои адабиёти классикй табъозмой намудааст. Вале Восифй дар таърихи адабиёт хамчун нависанда маълуму машхур аст. Аз у то замони мо «Бадоеъулвакоеъ» ном асараш мерос мондааст. Ин асар куллиёт

349

Page 350: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ё мачмуи осори баргузидаи уст. «Бадоеъулвакоеъ» дар давоми кариб 20 сол навишта шудааст. Хдчми асар 90 чузъи чопиро ташкил медихад. Асар аз 46 боб иборат буда, ба хар боб мувофики мазмуни он ном гузошта шудааст. Бештари бобхо бо ифодахои «Гуфтор дар бораи...» шуруъ мегарданд. Хачми баъзе бобхо хеле калон буда, дар он киссаву ривоят, хикоят, ки ба повестхои имруза хеле монандй доранд, оварда шудаанд. Вале ин бобхо ба хамдигар узван ва мазмунан алокаманд нестанд. Хар кадоме дар алохидагй мустакил буда, ба худ мазмуну идеяи хос доранд. Танхо чанд боби аввал то андозае ба хам алокдманданд. Дар ин бобхо нависанда дар бораи хучуми Сафавиён ва аз Хуросон ба Мовароуннахр гурехтан, дар бораи хаёти минбаъдаи худ дар Самарканд, Бухоро, С аброн, Шохрухия, Тошканд батафсил накл менамояд. Аз боби 11 cap карда, ин алокамандй канда мешавад. Восифй дар ин маврид ба 32 кадам монда буд ва дар дарбори Келдимухаммад хизмат мекард. Акнун Восифй дар бобхои минбаъда базму мачлисхои шохонаро накл карда, бо хохиши Келдимухаммад аз хаёти мардони бузурги гузашта: Абулкосими Фирдавсй, Абуалй Сино, Исмоили Сомонй, Абдулвосеи Чдбалй, Мавлоно Котибй, Абдурахмони Ч,омй, Алишери Навой, М ирзо Улугбек ва дигарон ривояту хикоятхои дилангез накл мекунад. Бештари бобхои асар ба ходисахои сиёсиву ичтимоии замони Восифй бахшида шудаанд, ки дар ин вокеаю ходисахои таърихй муаллиф низ иш тирок кардааст. Аз ин чост, ки «Бадоеъулвакоеъ» хамчун асари ёддоштй эътироф шудааст.

Фикрхои сиёсиву ичтимоии Восифй. Восифй кариб тамоми хаёти худро дар байни табакаи болой гузаронидааст. Аз ин чост, ки вай характеру авзои онхоро хуб медонад ва дар «Бадоеъулвакоеъ» аз хаёти онхо хикояту саргузаштхои ачиберо накл мекунад. Дар ин наклу хикоятхо адолатхохй, дурандешй, хирадмандии баъзе шохон ва золимй, гумрохию нодонй ва пастфитратии подшохону хокимон ва дигар сохибмансабони рузгор, гох бо номхои аслиашон ва гох зимни персонажхои манфии хикоятхо ба зери тозиёнаи танкид шрифта шудаанд.

Восифй харгиз дар гуфтани сухани хак ибо намекард. У шохони рузгор Келдимухаммад, Хусайни Бойкаро, Абусаид М ирзо ва вазирону хокимонро бо номхои хакикиаш он

350

Page 351: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

мазаммат мекард, нодонию гумрохии онхоро фош менамуд. Масалан, Восифй дар ин бора хикояти «Кимёгар»-ро меорад. «Овоза дар шахри Хирот афтод, ки дар вилояти Нишопур шахсе пайдо шуд, ки илми иксир ва кимиёро неку медонад. Ва кудрати вай дар ин фан то ба хаддест, ки дар як шабонаруз сад ман мис ва сад ман калъагиро тиллову нукраи холис месозад». Подшох кимёгарро ба Хирот даъват мекунад. Хамаи аркони давлат ба пешвози у мебароянд. Худи Хусайни Бойкаро таассуф мехурад, ки «Эй дарег, пойхоям итоат намекунанд, ки дар рикоби он хазрат (кимёгар) пиёда равам». 40 руз кимёгарро иззату эхтиром мекунанд. Дар рузи 41 сирру асрори кимёгар фош мешавад ва уро сангсор мекунанд».

Восифй ба воситаи хикояти мазкур пулпарастй, нодонию гумрохии шохони замонро дар симои Хусайни Бойкаро нишон медихад. Худи муаллиф дар охир ба хулосаи зерин меояд: «Касеро аклу тамиз ин бошад, ки ин навъ мухилотро1 кабул кунад, чй гуна кобили аморат ва салтанат хохад буд?».

Зайниддин Махмуди Восифй сабаби хамаи ин кашшокии мардум, ноободии кишвар, вайронии ахлокй одамони рузгорро дар суст будани пояи давлат ва ноухдабароии шохон медид. Н ависанда гуфтан мехохад, ки бе шохи бом аъриф ат, адолатпарвар ва сиёсатмадор муваффакият ба даст намеояд.

Восифй накл мекунад, ки дар давраи хукмронии Хусайни Бойкаро козиеро барои пора гирифтан ва ноодилона хукм бароварданаш аз кор дур карданд. Вале баъд аз чанд муддат бегунохии у дар назди шох собит гардид. Подшох мехохад, ки боз уро ба кораш маъмур созад. Вале козй «Ба хазрати подшох арз доред, ки таклифи эшон вакте вочиб ва лозим аст, ки ба гайри ман лоик ба амр касе набошад. Дар мулки хазрат касоне, ки мутасаддии ин амр тавонад шуд, аз хадду каср берун аст».

Чунонки аз ин суханони козй маълум мешавад, у дар хукмбарорй сохибихтиёр набудааст. Бевосита, чунонки аз «Бадоеъулвакоеъ» равшан мегардад, козй хамон чиноятро бо амри наздикони худи шох содир намудааст. Бинобар хамин козй мегуяд, ки ман хамон вакт ба хизмат меравам , ки дар хукмбарорй сохибихтиёр бошам. Чдвоби подшох хеле ачиб аст:

1 Мухилот- сафсата, *ила, макру фиреб.

351

Page 352: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

«Ба чаноби козй арз доред, ки эшонро дар хдр диёре, ки бошад, гурез нест. Пас дар хар вилояте, ки тархи икомат андохтанд, бар хокими ин вилоят ин амр лозим хохад омад. Агар хамин но ин амрро кабул фармоянд, чй шавад».

Хамин тавр, Зайниддин Махмуди Восифй пас аз накли ходисахои хакикии хаёти онруза ба хулосаи ачибе меояд. У боварии комил дорад, ки хамин зайл фитнаю найрангбозй, зулму золимй, ба шахсони бегунох ва поквичдон тухмату бухтон намудан будааст ва хамин хел мондан мегирад: «Оре, то чахон будааст, раем чунин будааст».

Аммо бо вучуди хамаи ин Восифй орзу кардааст, ки подшох бояд одил бошад ва зулму золимй, фиребу найрангбозиро бархам дода, ба халкй мазлум осудагй ва хаёти хуррам бахшад.

Таргиби илму хунар, панду андарзхои хакимона. Зайниддин Махмуди Восифй, ки худ марди донишманду хунарманд буд, барои пешрафту камолоти инсон илму хунарро зарур мешуморид. Аз ин чост, ки дар «Бадоеъулвакоеъ» ахли илму хунар ситоиш карда мешавад. Наклу ривоятхое, ки дар бораи шоири бузург Абулкосими Фирдавсй, мутафаккири барчаста Абуалй Сино, Абдурахмони Ч,омй ва дигарон овардааст, пурра фикри болоро тасдик менамоянд. Нависанда дар ин наклу ривоятхо кору зиндагии ин мардони бузургро мохирона ба калам додааст. Восифй дар бораи онхо бо камоли эхтиром, бо мухаббату самимияти беандоза сухан меронад. Нависанда ба эчодиёти Фирдавсй ва Сино бахои хакконй ва арзанда медихад ва мехнату захмати онхоро дар ин рох кадр менамояд.

К,ахрамони асосии бисёр хикоятхо, ки дар «Бадоеъулвакоеъ» оварда шудаанд, махз аз ашхоси табакахои поёни чомеаанд. Масалан, хикояти «Ёкут ва ХинДУхоча»-ро мегирем. Мазмуни мухтасари он чунин аст: - Ёкут ва ХинДУх°ча ду бародарон буданд, ки халифа Муътасим эшонро харида буд. Ёкутро ба тир андохтан ва Хиндухочаро ба хат навиштан супурда буданд. Аммо Ёкут майл ба хат навиштан дошт ва Х инДУхоча тир андохтанро нагз медид.

Бинобар ин, устодонашон харчанд кушиш менамоянд, мехнаташон зоеъ рафта, на Ёкут касби тир андохтанро ёд мегираду на ХинДУ*оча касби навиштанро. Баъд аз ин халифа хар кадомеро барои омухтани касби дустдоштаашон рахнамун

352

Page 353: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

месозад. Онхо дар як мудцати кутох тамоми хусусиятхои касби тирандозй ва хаттотиро аз худ менамоянд ва дар рузгор чунон машхур ва маъруф мешаванд, ки хама аз кору хунари онхо ба хайрат меоянд. Намоиши хунарнамоихои ин хар ду бародар асоси хикоятро ташкил намуда, онро доманадор кардааст.

Бояд гуфт, ки гояи асосии хикоятро таргиби илму хунаромузй ташкил медихад. Махз бо мехнату машаккати зиёд Ёкут ва Хиндухоча хунар омухта, сохиби номи баланд шуданд.

Кахрамонони асосии хикоят намояндагони табакаи поёнии чамъият буда, махз бо мехнати халол, бо азобу машаккати беандоза хунар омухтаанд ва шахсони пешкадам, хунарманд ва нафърасони халк гардидаанд, ки хатто халифа мухточи хунари онхо мебошад.

Восифй хикояти мазкурро дар мачлиси Султон накл мекунад. Он руз дар он мачлис намояндаи ду ахли хунар - Мавлоно Чдлолиддин Юсуфи Наккош, Мавлоно Обиди Хаттот низ иштирок доштанд. Онхо ба ахли мачлис намунае аз эчодиёти худро пешкаш намуда буданд. Дар сурати кашидаи Юсуфи Наккош сайёде акс ёфта буд, ки палангеро бо найза мезанад. Раем хеле зебо ва табий кашида шуда буд ва ахли мачлис ба кори у тахсину офарин мегуянд. Восифй хам ба вачд омада менависад:

Ба рузгори ту еуратгарони уафт гщлим Каламшикаставу дар сурати ту уайронанд!

Мавлоно Обиди Хаттот китъаоти як гурух шоиронро бо хати нихоят зебо ба калам оварда, онро ба ахли мачлис мебахшад. Азбаски дар замони пеш чоихона набуд, асархо дастй навишта мешуданд, ба касби хаттотй ахамияти калон дода мешуд. Ба кадри хаттотон ва мехнати пурмашаккати онхо мерасиданд. Инак, дар назди подшох намояндаи ду навъ санъат- наккошй ва хаттотй. ки онхо низ монандй Ёкут ва Хиндухоча аз ахли хунаранд, истодаанд. Восифй дар ин чо хам аз маврид истифода бурда, барои ба кадри хунармандон расидани подшох хикояти «Хиндухоча ва Ёкут»-ро накл мекунад.

Ба ин восита нависанда агар, аз як тараф, хомию мададгор будани худро нисбат ба мардуми оддии халолкору дилсоф нишон дода бошад, аз тарафи дигар роххои мушкилеро, ки

353

Page 354: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

санъаткорони хакики таи мекарданд, хотирнишон сохтааст. Восифй вокеан дуруст таъкид менамояд, ки барои ба максад расидан аз хама хубтараш бохиммат шудан ва аз сидки дил мехнат кардан зарур аст:

Ба уар коре, ки уиммат баста гардад,Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Дар он сурат хаёту зиндагии у шоду хуррам гузашта, аз касе маломат намешунавад.

Восифй инсони хунарманду мехнаткашро инсони комил хисоб мекунад. Он касоне, ки бо фиребу найранг аз хисоби мардуми мехнатй зиндагй мекунанд, лоики номи бошарафи инсони хакикй нестанд, мегуяд нависанда ва ба онхо нафрат дорад.

Н ависанда дар «Бадоеъулвакоеъ» ба мукобили зохирпарастй мебарояд, ки ин масъала дар замони Восифй нихоят мухим буда, дар сабзиши инсони поку некусиришт монеаи калоне хисоб мешуд. Одамоне буданд, ки факат ба ороиши худ машгул шуда, аз донишу хунар бебахра буданд. М асалан, Восифй дар як чои асараш танороии Козй Низомиддинро ба тарики зайл овардааст: «Ва он аммомаро печ дар печ он чунон бузург сохтй, ки чархи барин. Нафосати чомахояш ба масобае буд, ки хар гох худро бад-он либосхои фохир биёростй,худро садри махкамаи дорулказои фалак пиндоштй».

Ин касалй табакаи болоии чамъияти Х,ироти онрузаро фаро гирифта буд. Дар он рузгор ба шахе аз руи либос, аз руи намуди зохирй бахо медоданд. Шахсе, ки либосхои фохир медошт, марди донишманд хисоб мешуд. Х,атто бештари онхо кушиш мекарданд, ки бо ин рох ба мартабае расанд.

Дар «Бадоеъулвакоеъ» К,озй Чрдак, Амир Аргун, Х,офизи Меросй ва боз бисёр персонажхои дигар вомехуранд, ки саллахои калон-калон баста, чомахои фохир мепушидаанд, ришхои дароз мемондаанд, вале аз аклу дониш орй будаанд. Ба чунин шахсон Восифй нафрат дошт ва онхоро дар асараш мазаммат кардааст.

Восифй нишон доданй шудааст, ки зохирбинй, танорой ба пешрафти чамъият халал мерасонад. Ба акидаи нависанда ба

354

Page 355: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

инсон аз руи донишу кобилият, аз руи хунар бояд бахо дод. Ба корх,ои давлатй шахсонро на аз руи саллаю чома, балки аз руи дониш ва хунарашон таъйин кардан лозим аст.

Дар баробари ин нависанда зимни бисёр ходисахои рузгор ашхоси хубсириштро мадху ситоиш кардааст. Нависанда орзу доштааст, ки одамон хамеша росткору росткавлу покахлок, ба хамдигар мададгору дуст бошанд:

Аз ростист цои алиф дар миёни цон Вов аз кацй х,амеиш бувад дар миёни хун.

Дар байни сохибмансабони дарбори Убайдуллохон низоъ, зиддият, душманй ва кинаю адоват ба дарачаи олй мерасад. Мири Араб аз Саброн ба Бухоро омада, бо роххои гуногун дар байни онхо сулх ва дустй баркарор мекунад. Вай дар поёни сухбати худ бо онхо шохбайти машхури Шамсиддин Х,офизи Шерозиро овардааст:

Дарахти дустй биншон, ки коми дил ба бор орад, Николи душманй баркан, ки ранци бешумор орад.

Зеро, ба акидаи нависанда, чангу чидол дар байни хамин навъ ашхос боиси вайронии мамлакат ва хонахароб шудани халкй бечора мегардад. Аз ин ру, тифок гардидани онхо барои ободии кишвар кумак хохад расонид.

Восифй дар бисёр чои «Бадоеъулвакоеъ» дустию бародариро тараннум менамояд. Нависанда ашхосеро, ки барои молу чиз шуда бо касе дустй мекунанд ва дар мавридхои тангдастй аз дустй худ канорчуй менамоянд, мазаммати сахт кардааст. Восифй барои исботи фикри боло аз хаёти худ саргузаштеро накл менамояд, ки аз таъкиби сафавиён бо чанд дусташ гурезон шуда, ба хонаи ёрони чониашон барои пинхон шудан рафтанй мешаванд: «Дувоздах кас ба хотир расид. Мутаваччехи эшон шудем. Баъзе ру пинхон карданд ва баъзе узр гуфтанд». Пас фикрашро бо суханони Саъдии бузург чамъбаст мекунад:

Дуст машмор он кй дар неъмат занад Лофи ёрию бародархондагй.

355

Page 356: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Дуст он бошад, ки гирад дасти дуст Дар парешонуолию дармондагй.

Восифй марди чах,онгаштаю бисёрдида, марди сухбаторо ва шахси фозил аст. Вай дар хар як анчумани шоирону фозилон гули сари сабад будааст. Нависанда тарзи сухан гуфтан ва одоби онро хеле хуб медонистааст. Восифй он касонеро, ки одоби сухан гуфтанро риоя намекунанд, сахт танкид кардааст.

Восифй мегуяд, ки хар як баду неке, ки ба сари инсон меояд, пеш аз хама ба забони у вобаста аст. Бинобар ин, агар ту он суханро надонй, бехтар аст, ки чизе нагуй: «Чун туро нест вокифй, чй бех зи хомушист».

Дигар, хар як суханвар бояд кушиш кунад, ки суханаш бамаънй бошаду мухтасар:

Лоф аз сухани чу дурр тавон зад,Он хишт бувад, ки нур тавон зад.

Faftp аз ин, Восифй дар бисёр чои «Бадоеъулвакоеъ» хотирнишон мекунад, ки бо ашхоси нодон сухан кардан нашояд. Зеро чунонки халк мегуяд: «Кддри зар заргар бидонад, кадри чавхар - чавхарй». Баръакс, бояд кушиш кард, ки бо шахсони аз худ донотар хамнишин бошй.

Хамнишини ту аз ту бех, бояд.То туро ацлу дониш афзояд.

Ахамияти «Бадоеъулвакоеъ» хамчун сарчашмаи илмиву адабй. Фикрхои пандуахлокии Восифй кимату арзиши зиёд дошта, инсонро ба ростию накукорй, илму хунаромузй ва дигар хислатхои нек хидоят мекунанд.

Восифй дар тули хаёти худ ба бисёр мамлакатхо ва шахрхо сафар карда, бо ахли илму адабй доирахои адабии Хирот, Бухоро, Самарканд, Шохрухия ва Тошканд вохурда, сухбатхои адабй ороста буд. Аз ин ру, нависанда дар асараш дар бораи шоирону олимони машхури замон ва хаёти илмиву адабй ба тафсил маълумот медихад. Маълумотхои Восифй эътимодбахш буда, барои муайян намудани хаёту фаъолияти як зумра нависандагон: Чомй, Навой, Биной, Дарвеши Дехакй ва вазъияти илмиву адабии асрхои XY-XVI ахамияти мухими илмй доранд.

356

Page 357: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

М асалан, дар «Бадоеъулвакоеъ» оварда шудааст, ки Камолиддини Биной ба Табрез сафар намуда, бо ахли илму адабй он кишвар вохурда, сух,батх,о мегузаронад. Махсусан, маълумоти у дар бораи Дарвеши Дехакй ахамияти калони илмиву адабй дорад. Дарвеши Дехакй сохибистеъдод буда, ашъори олй мегуфтааст, вале аз хату савод бенасиб будааст. У ба касби бофандагй машгул шуда, рузгорашро аз хамин даромад таъмин мекардааст. Султон Яъкуб харчанд саъю кушиш кардааст, аммо Дарвеш ба дарбори у нарафта, дар дехаи Дехак то охири умр зиндагй намудааст.

Аз у девоне бокй мондааст. Хдмзамонони Дарвеши Дехакй, аз чумла Биной, Восифй ба эчодиёти у бахои баланд додаанд.

Восифй дар баробари накли тарчумаи хол аз эчодиёти онхо намунахо меорад ва дар бораи осори онхо фикру мулохизахои шахсии худро низ баён мекунад.

Восифй на танхо дар бораи хамзамонони худ, балки дойр ба хаёту фаъолияти аксарияти адибони бузурги гузашта маълумоти пуркимат додааст. Нависанда он маълумотхоро аз асархои илмию таърихй омухта, дар асоси мутолиаи осори онхо ба хулоса омадааст. Чунончи пеш аз он, ки дар бораи Фирдавсй накл кунад, чунин меорад:

«Баъд аз он хон (Келдимухаммад) ба факир гуфт:- Он чизе, ки хазрати Ч омй Дар «Бахористон» ва дигар

муаллифон дар китобхои худ дар бораи Ф ирдавсй ва «Шохнома»-и у навиштаанд, бисёр кутох аст. Аммо ин хусусро ба тафсил хикоят кунед, бисёр матлуб ва маргуб аст».

Факир мувофики хохиш он чизхоро, ки дар бораи Фирдавсй дар китобхо дида будам, накл намудам».

Накли Восифй хеле муфассал аст. Нависанда ба ин ривоят баъзе эпизодхои нав дохил кардааст. Масалан, Султон Махмуд пас аз он, ки хачви Фирдавсиро мехонад, ба хашму газаб омада, вазири худ Хдсани Маймандиро ба катл мерасонад. Аммо дар асл вазир чазо намебинад. Шояд ин иловаи худи Восифй бошад, зеро Восифй ба Фирдавсию «Шохнома»-и у мехру мухаббати бепоён дошта будааст. Бинобар ин, у нахостааст, ки чунин як шахси бадкирдор шоири бузургро тухмат карда, фитна ангезаду бечазо монад. Аз ин чост, ки уро ба марг махкум менамояд.

357

Page 358: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Восифй ривоятро бо илтимоси Келдимухаммад дар яке аз мачлисхои у накл мекунад, ки дар он чо ахли дарбор иштирок доштанд. Табиист, ки дар байни онхо баъзе ашхоси сохибмансаб буданд, ки дар хоинй, фиребу найрангбозй харгиз аз Хдсани Маймандй камй надоштанд. Ба чазои хакконй расондани вазири бадкирдор барои ахли дарбори Келдимухаммад як ходисаи пандомузе буд.

Як хусусияти мухими «Бадоеъулвакоеъ» боз дар он аст, ки муаллифи он на факат бо овардани асархои халкй махдуд мешаваду халос, балки бевосита хаёти вокеии гуяндагонро бо сузу гудоз ва бо як таваччухи беандоза накл менамояд. Н ависанда кариб хамаи онхоро некахлоку некусиришт мешуморад.

Восифй пеш аз он ки асари халкиро ба хонандагон хикоят кунад, аввал гуяндаи онро шинос менамояд. Вай дар бораи гуяндагону масхарабозони халкй, аз кабили Носири Рангрез, Мулло Девонаи Ш амърез, Бобочамоли Бузбоз, ки дар хунарнамой ва масхарабозй мардуми Хуросонро шефта карда буданд, маълумоти хеле муфассал медихад. Аз ин маълумотхои нависанда ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки хануз дар хамон асрхо ин намуди санъат, ки бо таъбири имруза сирк ном дорад, дар байни мардуми точик равнаку ривоче доштааст. Монанди Бобочамолу Хасаншахриёр дар байни халкй точик масхарабозоне буданд, ки онхо намоишномахо ташкил намуда, мардумро бо хикояту латиф ахои ширин ва дигар хунарнамоихои дилписандашон механдонданд. Бо ин рох каме бошад хам, гаму гуссаи халкй мазлуми ситамкашро сабуктар мегардонданд.

Восифй дар мавридхои даркорй асарашро бо шохбайтхои шоирони бузурги гузашта зебу зинат додааст. Ин шохбайтхои бузургон имрузхо дар байни халк хеле серистеъмоланд ва аз тарафи мардум дар хар чо ва дар хар маврид барои исботи фикр истифода бурда мешаванд. Вале мухимаш ин аст, ки намунахои дар «Бадоеъулвакоеъ» овардашуда собит менамоянд, ки ин суханони пуркимат хануз дар аерхои XV ва XVI дар байни халк маълуму машхур гардида будаанд.

358

Page 359: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Услуб ва забони «Бадоеъулвакоеъ». Бояд гуфт, ки услуб ва забони «Бадоеъулвакоеъ» якранг нест. Х,ангоми мутолиа хдм услуби со дай оммафахм ва хам услуби мураккаби душворфахм ба назар мерасад. Хднгоми таърифу тавсифи подшохон, ахли дарбор, мачлисхои онхо забон ва тарзи баёни Восифй нихоят мураккаб мешавад. Дар ин чо чумлахои печ дар печ, иборахои арабй, калимахои душворфахм бештар мавкеъ пайдо мекунанд. Вале, хушбахтона, кисми асосии эчодиёти Восифиро насри сода ташкил медихад. Вакте ки сухан аз хаёти мардуми мехнатй меравад, услуби баёни Восифй низ дигар мешавад. Махсусан, хангоми накди асархои халкй забони «Бадоеъулвакоеъ» нихоят сода ва ба забони гуфтугуй хеле наздик мегардад. Дар ин холат акнун ба чои иборахои мураккаб таъбиру иборахои сода, зарбулмасалу маколхои халкй асарро зебу зинат медиханд. Махз бо хамин хусусиятхои худ, чунонки А. Н. Болдирев кайд кардааст: «Восифй проблемаи офариниш - эчоди услуби нави адабиро амалан халлу фасл кард»2.

Дар «Бадоеъулвакоеъ» ифодахоеро пайдо карда метавонем, ки имрузхо дар забони зиндаи халк истифода мешаванд, вале дар забони адабии хозира камистеъмоланд. Масалан, калимаю иборахои «кариби хуфтан», «ахлу аёл», «хаволаи фарки сар», «як сари муй» дар лахчахои чанубй хеле серистеъмол мебошанд. Илова ба ин, дар асар бисёр чумлахоеро дидан мумкин аст, ки онхо аз чихати таркибу сохтор ва охангу равиши худ ба чумлахои халкй шабохати комил доранд. Инак, ба ин чумлахо диккат дихед:

«Кучой! Рохро cap кун. У дар пеши Султон аз кафои у мерафт. То ба хонаи у расид. Шамъ дар лаган месухт. Султон фармуд, ки дарой ва шамъро бикуш! Он шахе шамъро бикушт. Баъд аз он Султон даромад...»

Ба хамин тарик, Восифй хангоми истифодаи асархои халкй на факат ба сужет ё мазмуни онхо диккат медодаасту халос, балки саъю кушиш менамудааст, ки ба услуб, тарзи баёни асархои халкй ахамияти калон дихад. Зеро танхо бо хамин восита кимату арзиш ва халкияти асархои нависанда дар пеши

2 А. Н. Болдырев. Зайниддин Васифи. Сталинабад, 1957, са\,. 301.

359

Page 360: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

чашми хонанда мучассам мегардад. Махз хамин воситахои тасвир барои баёни фикрхои олй ба нависанда кумаки калон мерасонанд. Аз тарафи дигар, хар як хонанда пас аз мутолиаи чунин асархо завки эстетики мебарад.

Восифй дар тасвири табиат, зебоихои он махорати комил дорад. Бештари ин тасвирхо бо забони содаю санъати мусаччаъ ба калам дода шудаанд. Восифй табиатро бо максади муайяне тасвир мекунад. Зеро тасвирот барои кушодан ва хубтар дарк намудани ходисаю вокеахо ва персонажхои асар ёрии калон мерасонанд. Бо ибораи дигар, ин тасвирхо бо мазмуну мундаричаи «Бадоеъулвакоеъ» сахт алокаманданд. Масалан, Восифй соли 1514 дар мохи хут ба Бухоро сафар мекунад.

Сафари нависанда ихтиёрй буда, у муштоки тамошои шахри бостонии Бухорост. Аз ин ру, дар бораи он бо як хиссиёти баланд сухан меронад.

«Хулоса, мо бо хурсандй рахсипор гардида, ба шахри Бухоро наздик расидем. Чун ба он шахри хуррамбахор як фарсах рох монд, манораи он, ки бо камоли азамат аз хама бинохо ба кадри чандин найза баланд шуда рост истода буд, моро бо викору тамкини одамиёна пешвоз гирифт. Зебу оростагй ва зинату перостагии он шахр ба дарачае буд, ки бихишти анбарсиришт аз шарми у дар пардаи хаё чамоли худро пинхон карда, руй ба касе наменамуд. Дарвозаи баландовозааш ба забони хол ба гуши сайёдон нидо медод:

- Ин аст чаннати адн, биёед, ба вай човидона дароед!»

Восифй хамчун шоир Мазмун ва мундаричаи идеявии ашъори Восифй. Зайниддин

Махмуди Восифй, чунонки дар боло ишорат рафт, на танхо нависандаи бомахорат, балки олим, муаррих, забоншиносу адабиётшиноси мумтоз низ будааст. Дар «Бадоеъулвакоеъ» намунаи осори у дойр ба ин илмхо оварда шудаанд. Муаллифи тазкираи «Музаккирулахбоб» Хоча Хасани Нисорй, ки соли 1566 онро ба анчом расонидааст, дар бораи хаёту фаъолияти Восифй маълумот дода, ба назми у бахои баланд медихад. Чавобияхои уро ба касидаю газалхои шоирони гузашта ва муосир аъло хисоб мекунад.

360

Page 361: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Восифй дар хдмаи жанрхои адабии адабиёти классикй: касида, газал, рубой, китъа, байт, фард ва гайра асар эчод кардааст.

Як чихдти мухими назми Восифй дар он аст, ки у кай, дар кадом маврид ва ба чй максад эчод шудани онхоро дар ёддоштхояш ба тафсил накл мекунад. Масалан, аз накли Восифй равшан мегардад, ки дар соли 1514 дар Бухоро 100 газал эчод кардааст, ки онхо дар «Бадоеъулвакоеъ» пурра оварда шуда­анд. Ин хусусият ба эчодиёти адибони гузашта чандон хос нест. Як мисоли дигар. Восифй сабаби ба вучуд омадани касидаи кахтй ва сардиро чунин хикоя мекунад: - Соли 1512 дар Самарканд зимистон сахт омад:

Руз аз хунукй кашида дирхам Худрову намуда кут асу ком.Аз сардии об мурги обй Оварда панох, бар кабобй.

Кахтй ва гаронй нихоят авч гирифт. Зиндагии мардум нихоят вазнин ва ахволи Восифй бад шуд. Илова бар ин 10 толибилми кашшок ва гурусна ба назди Восифй омада, имдод металабанд. Дар ин бора муаллиф чунин мегуяд: «Аммо кори толибилмон ба чое кашид ва ахволи онхо ба дарачае расид, ки ду тан аз онхо иустинхои худро фурухта хурданд ва аз сахтии сармо чон ба Чонофарин супурда мурданд.

Мавлоно Алии Балхй, ки яке аз ёрони чонй буд, шабе ба хучраи факир омада гуфт:

- Ин толибилмон хама халок мешаванд, дар бораи онхо чй андеша бояд кард?

- Гуфтам: - Ман низ хайронам ва чорае намедонам.-Дар таърифи соли кахт, - гуфт у, - ба мадхи Абусаидсултон3

касидае бояд гуфт, то ки аз вай сила (мукофот) гуён чизе руяд ва ба он восита сафинаи умри ин факиронро аз ин бахри бепоёни сармо ба сохили фарогат гузаронем.

Гуфтам: - султон Абусаид туркест, ки асло форсй намедонад, чунонки мо туркй намедонем.

Мавлоно Алй гуфт:

3 Султон Абусаид - х,окими Самарканд, соли 1533 вафот кардааст.

361

Page 362: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

- Ман рафике дорам, ки имом ва ноиби султон аст. У касидаро ба султон таъриф кунад, кифоя аст.

Пас аз ин Восифй дар як шаб касидаи «Ках,тй ва сардй»-ро иншо мекунад. Рузи дигар касидаро дар назди Абусаид мехонад ва у 10 гусфанд, 20 ман орд, ба маблаги 600 танга пул ва чахор дарахт барои хезум инъом медихад.

Восифй он чизхоро ба Мадраса оварда, талабагони гуруснаро аз марг начот медихад, ки албатта, ин як кори хайр, некии инсони бузург нисбат ба дармондагон ва бечорагон аст.

К,асидаи мазкур аз руи мазмуну мундаричаи идеявй на мадхй, балки хасбихолй аст. Дар он гуруснагй, хаёти вазнини омма ва худи муаллиф ба хубй инъикос ёфтааст.

Восифй дар касида, китъа, рубой ва газалхояш инсонро ба некномию некандешй даъват намуда, хислатхои хамидаи онхоро ситоиш мекунад. Дар баробари ин одамони бахил, хасуд, тамаъкор ва золимро сахт мазаммат кардааст.

Восифй дар сурудани газал кобилияти ачиб доштааст. Газалхои у дар равонй, ширинй ва санъати сухан баланд буда, намунахои барчастаи асархои лирикии асри XVI-и адабиёти точик ба хисоб мераванд.

Инак, барои исботи ин акдда чанд байт аз газали «Хайр бод»-и шоир:

Меравам аз куи ту бо цони пургам, хайр бод!Бо дили пуроташу бо чашми пурнам, хайр бод.А у ли оламро зи ман гар буд дар хотир губор,Ман зи олам меравам, бар аули олам хайр бод.Он парй дар вацти рафтан аз сари меуру вафо Восифии хастаро мегуфт уар дам: «Хайр бод»!

Восифй ба газалиёти шоирони бузурги гузашта Амир Хусрави Дехлавй, Хофизи Ш ерозй, Котибии Нишопурй, Абдурахмони Ч,омй, Мавлоно Унсй, Камолиддини Биной ва дигарон назира гуфта, аз ухдаи чавоб гуфтан ба хубй баромадааст. Барои исботи ин фикр ба намунаи зер диккат кунед:

362

Page 363: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

ХУСРАВИ ДЕХЛАВЙ:Чаман чун буи ту дорад, ба буят дар чаман мирам, Ба ёди цадди ту дар сояи сарву су ман мирам.

ВОСИФЙ:Чу ман аз бевафощои он паймоншикан мирам, Барафтад аз цауон расми вафо рузе, ки ман мирам.

КАМОЛИДДИНИ БИНОЙ:Бисухт оташи нойи дили балокаши ман,Магар найи нафаси медамад бар оташи ман?

ВОСИФЙ:Ба рацс гарм чу гардид сарви мауваши ман,Зи боди домани у даргирифт оташи ман.

С А ВОЛ В А СУПОРИШ

1. Чаро Восифй сафар кард?2. Бо адиб чй ходиса руй дод?3. Кадом сифатхои зан ба шумо маъкул шуданд?4. Вазъияти сиёсии замони адиб чй хел буд?5. Чаро Восифй хизмати дарборро рад мекунад?6. Хаёти Восифй дар Тошканд чй хел мегузарад?7. Восифй кай ва дар кучо вафот мекунад?8. Чаро Восифй ба асараш номи «Бадоеъулвакоеъ»-ро

мегузорад?9. Сохти композитсионии асарро шарх дихед.10.Чаро «Бадоеъулвакоеъ»- ро асари ёддоштй мегуем?

Хусусиятхои онро баён кунед.11 .Акидаи Восифй дар бораи интихоби касбу хунар чй гуна

аст?12.Барои бехтар шудани хаёти мардум ва ободии кишвар

Восифй аз подшох ва дигар сохибмансабон амалй гардидани кадом масъалахоро талаб мекунад?

13.Акидаи Восифй дар бораи ахли хунар чй гуна аст?14.Фикрхои пандуахлокии Восифй дар хаёти имруза чй

ахамият доранд?

363

Page 364: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

15.«Бадоеъулвакоеъ» хамчун сарчашмаи илмиву адабй ба адабиётшиносон ягон кумаке расонда метавонад?

16. Муносибати Восифй ба адибони гузашта ва гуяндагони халкй чй гуна аст?

РУЙХА ТИ АДАБИЁТИ ИЛМ Й В А М ЕТОДЙ

1 .С. Айнй. Восифй ва хулосаи «Бадоеъулвакоеъ». Куллиёт, чилди 13. «Ирфон», Душанбе, 1978.

2.А. И. Болдырев. Зайнадцин Васифи. Сталинабад, 1957.3.Т. Миров. Дастури методик «Адабиёти точик барои синфи

9». «Маориф», Душанбе, 1986.

364

Page 365: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

МУНДАРИЧД

АДАБИЁТИ АСРХОИ XIII-XIV

Вазъи сиёсй-ичтимой дар Мовароуннахру Хуросон........................................... 5Хаёти илмй ва маданй....................................................................................................6Шакл ва навъхои адабй дар ин асрхо......................................................................10

САЪДИИ ШЕРОЗЙЗиндагиномаи Саъдй....................................................................................................15Мероси адабии шоир....................................................................................................19Мазмун ва мундаричаи газал, касидахои Саъдй................................................. 20Мундаричаи гоявии «Бустон»..................................................................................... 29Мазмун ва устухонбандии «Гулистон»...................................................................35Гуманизми Саъдй..........................................................................................................41Андешахои ахлокй ва тарбиявй дар асар.............................................................. 45Забон ва тарзи баёни Саъдй....................................................................................... 55

ЧАЛОЛИДДИНИ БАЛХЙРузгори Ч,алолиддини Балхй (Румй)..........................................................................60Мероси адабии шоир....................................................................................................62Мазмун ва мундаричаи гоявии газалиёти шоир...................................................66Андешахои ахлокии Мавлоно...................................................................................75Таркиб ва устухонбандии «Маснавии маънавй»-иЧдлолиддини Балхй......................................................................................................78Тахлили хикоёти «Маснавии маънавй».................................................................. 82

АМИР ХУСРАВИ ДЕХЛАВЙРузгори Хусрави Дехлавй............................................................................................95Мероси адабии шоир..................................................................................................... 98Маълумоти мухтасардар бораи «Хамса»-хои АмирХусрави Дехлавй........ 100Мазмун ва гояи достони «Дувалронй ва Хизрхон»-и Хусрав........................103Мавзуъ ва мундаричаи гоявии газалиёти шоир..................................................109

САЙФИ ФАРГОНЙЗиндагиномаи шоир....................................................................................................115Тахлили осори бокимондаи шоир.......................................................................... 117

МУХАММАДИ АВФИИ БУХОРОЙХаёти нависанда........................................................................................................... 124Мероси адабии Авфй..................................................................................................126Тахлили хикоёти «Чомеъ-ул-хикоёт».................................................................... 128

ЗИЁИДДИНИ НАХШАБЙХаёт ва фаъолияти адабии Зиёи Нахшабй.......................................................... 134

365

Page 366: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Сохт ва устухонбандии «Т утинома».......................................................................138Т ахлили хикоёти асар................................................................................................. 142

ИБНИЯМ ИНРузгори шоир................................................................................................................ 146Мероси адабии Ибни Ямин......................................................................................147Ибни Ямин-ш оири китъасаро.............................................................................. 152

УБАЙДИ ЗОКОНЙШархи \оли Убайд.......................................................................................................159Мероси адабии шоир.................................................................................................. 160Тахлили рисолаи «Дахфасл»................................................................................... 166

ХОФИЗИ ШЕРОЗЙРузгори Хофиз...............................................................................................................171Мероси адабии шоир.................................................................................................. 176Мавзуъхои газалиёти Хофиз....................................................................................178Хусусиятхои бадеии газалиёти шоир.................................................................... 193Шухрати чахонии Хофизи Шерозй........................................................................ 195

КАМОЛИ ХУЧАНДЙЧ,он басахтй медихад мискин Камол..................................................................... 202Мероси адабии Камоли Хучандй............................................................................ 206Мавзуъхои газалиёти шоир....................................................................................... 208Мавзуъхои ватандустй дар осори адиб...................................................................212Услуб ва санъатхои бадеии газалиёти Камол..................................................... 216

АДАБИЁТИ АСРИ XV ВА ИБТИДОИ АСРИ XVIВазъи сиёсии кишвар дар ин асрхо..........................................................................220Хаёти адабй.................................................................................................................... 224Навъхои шеър дар ин давра........................................................................................229

АБДУРАХМОНИ ЧОМЙТарчумаи хол.................................................................................................................233Мероси адабй................................................................................................................ 237Мазмун ва мундаричаи идеявии газалиёти шоир.............................................. 240«Хафт авранг» ва таркиби он....................................................................................244Достони «Юсуф ва Зулайхо»..................................................................................... 249Достони «Хирадномаи искандарй» ва фаркион аз дигар «Искандарнома»-хо.............................................................................. 255Пайдоиш ва ташаккули идеяи чамъияти хаёлй дарадабиёти шифохй ва китобй...................................................................................... 260Тасвири чамъияти хаёлй дар «Хирадномаи искандарй».................................265Акидаи Ч,омй дар бораи устоду шогирд............................................................... 268«Бахористон». Сабаби навиштани асар, сохт ва таркиби он.............................270

366

Page 367: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Мазмун ва мундаричаи идеявии хикояхои «Бахористон».............................. 271Боби хдфтуми «Бахористон» ва ахамияти илмиву бадеии он........................ 276Мавкеи латифахои халкй дар асар..........................................................................278Услуб, воситахои тасвир ва ахамияти асар........................................................... 281Назарияи адабиёт. Мусаммат ва навъхои он......................................................283

АЛИШЕРИ НАВОЙ (ФОНЙ)Тарчумаи хол.................................................................................................................287Мероси адабии Навой (Фонй)..................................................................................288Мундаричаи идеявии ашъори форсй-точикии Навой (Фонй)............................. 289Дустиву хамкории Чомию Навой....... ................................................................... 292

ХУСАЙН ВОИЗИ КОШИФЙРузгори Х,усайн Воизи Кошифй.............................................................................. 295Мероси илмй ва адабии Кошифй.............................................................................297«Ахлоки мухсинй» ва мундаричаи гоявии он.......................................................300«Анвори Сухайлй» ва мундаричаи гоявии о н .....................................................301«Футувватномаи султонй» -дастури одоб............................................................ 305

КАМОЛИДДИНИ БИНОЙХаёти шоир.....................................................................................................................313Мероси илмиву адабии шоир................................................................................... 314Достони «Бехрузу Бахром»........................................................................................ 316

БАДРИДДИНИ ХИЛОЛЙШархи холи шоир.........................................................................................................325Мероси адабии Хилолй..............................................................................................328Мазмун ва мундаричаи идеявии газалиёти шоир................................................ 332Хусусиятхои бадеии газалиёти Хилолй.................................................................335Достони «Лайлй ва Мачнун».................................................................................... 338Тахлили накшхои асосии достон...............................................................................340

ЗАЙНИДДИН МАХМУДИ ВОСИФЙТарчумаи хол................................................................................................................. 346«Бадоеъулвакоеъ». Мазмун ва сохти композитсионии асар........................... 349Фикрхои сиёсиву ичтимоии Восифй........................................................................350Таргиби илму хунар, панду андарзхои хакимона................................................352Ахамияти «Бадоеъулвакоеъ» хамчун сарчашмаи илмиву адабй....................356Услуб ва забони «Бадоеъулвакоеъ»..........................................................................359М азмун ва мундаричаи идеявии ашъори Восифй...............................................360

367

Page 368: АДАБИЕТИ ТОНИКmavod.tj/mybook/books/714726170250294.pdf · Дар бораи ин ду чаллод чй дар хамон замон ва чй дар асрхои пасин

Туйчи Миров, Суннатуллохи Давлатзода

АДАБИЁТИ ТОЧИКкитоби дарсй барои синфи 9

Рохбари нашр: Мухаррирон:

Мусахех:Мухаррири техники: Ороишгар:

Зо.\ир Давлатов Рустами В ащ об Со^ибназар Сафаров

Нарзуллои Олим Нуъмони А слиддин Xамидулло Азизов

Ба чопаш 2.11.09 имзо шуд Чопи офсет. Андозаи 60/90 1/16. Когази офсетй.

Хдчмаш 23.0 чузъи чопии аслй Супориши №11/09. Адади нашр 120 000.

Нашриёти «Мавлавй»Шахри Душанбе, хиёбони С. Шерозй. 16.

Тел/факс: (992 37) 238-52-73 E-mail: [email protected]