16
24 (1066) 12.06.14 (Оѓози нашр: марти 1992) с. 15 с.2 с. 8 Дар ин шумора: чаро Амрико интихоботи ин кишварро намепазирад? Сурия с. 6 с. 2 роњбари дастгоњашро иваз кард Ќодирї Кўчбандии зилзилаСанљњо раштињоро норозї Кард њамла ба Кабирї: Кори авбошон ё... таЌвими чемпионати љањон-2014 оид ба футбол т тўйи онњо дар Тољикис- тон имконпазир аст? њамљинсгароён с. 5 як саволи Президент да- стур барои Р. Амирзода вањдат с. 3-4 дар ѓами њимояи бозор, Тољи- кистон њисобот медињад покистон с. 7 фарзанди замонему на- донем замон чист љањони андеша с. 10 даллањои хуљандї то кай онњо «мурѓон»-и суѓдиро шикор мекунанд с.9

Точикистон №24

Embed Size (px)

DESCRIPTION

 

Citation preview

Page 1: Точикистон №24

№ 24 (1066) 12.06.14 (Оѓози нашр: марти 1992)

с. 15

с.2

с. 8

Дар ин шумора:

чаро Амрико интихоботи ин кишварро намепазирад?

Сурия

с. 6

с. 2

роњбари дастгоњашро иваз кард

Ќодирї

Кўчбандии зилзилаСанљњо раштињоро норозї Кардњамла ба Кабирї: Кори авбошон ё...таЌвими чемпионати љањон-2014 оид ба футбол

Хатари њаљЊуљуми MERS — CoV ба Маккаи Мунаввара.

Аллакай 104 нафар оламро падруд гуфт њуљум кадааст

тўйи онњо дар Тољикис-тон имконпазир аст?

њамљинсгароён

с. 5

як саволи Президент да-стур барои Р. Амирзода

вањдат

с. 3-4

дар ѓами њимояи бозор, Тољи-кистон њисобот медињад

покистон

с. 7

фарзанди замонему на-донем замон чист

љањони андеша

с. 10

даллањои хуљандїто кай онњо «мурѓон»-и суѓдиро шикор мекунанд

с.9

Page 2: Точикистон №24

№ 24 (1066) 12 июни соли 2014ТољикисТон2

њафтае, ки гузашт

шарифи њамдампур,раиси Шўрои мушовара

абдумуддасир ањмадзода,муњаррир

акбари турсун,узви вобастаи АУ Љумњурии Тољикистон

иззатбек идизода,мудири бахши њуќуќ, фарњанг ва адабиёт

Масъуди Миршоњї,раиси анљумани«Рўдакї», Фаронса

Мањмадсаид Пиров,муовини аввали вазири фарњанги Љумњурии Тољикистон

Мењмон Бахтї,раиси Иттињодияинависандагони Тољикистон

Нуриддин Саидов ,Вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон

Нуриддин Ќаюмов, Академики АУ Љумњурии Тољикистон

Рашид Ѓанї абдуллотањлилгари умури сиёсї

усмон Ниёзов,мудири бахши иќтисод ва иљтимоиёт

шералї Яњёев, муовини муњаррир

умед Султонов,сањифабанд

Мањина Давлатова,мусањњењ

Муассис: Њайати кормандони њафтанома

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон тањти №0054/РЗ ба ќайд ги-рифта шуда, дар матбааи «Ме-га-print» ба чоп расидааст.Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки ба мавќеи идораи он мувофиќат намеку-нанд.Дар шумора аксњо аз шабакаи Интернет истифода шудаанд.Матолиби хусусияти таблиѓо-тидошта танњо бо пардохт нашр мешаванд. Масъулияти маводњои хусусияти таблиѓо-тидоштаро идора ба дўш надо-рад.Барои дар дигар нашрияњо чоп намудани матолиб ва иќти-босњо аз «Тољикистон» иљозати хаттии идора ва нишон додани сарчашма њатмист.Њуќуќи муаллифии њамаи мато-либи шумора ба идораи њафта-номаи «Тољикистон» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории ЉТ ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

РоБита:шуъбаи реклама:[email protected]шуъбаи эълон:238-78-78телефони идора: [email protected]@pressa.tjДафтари хабаргузорї дар Суѓд:Суроѓа: к. К.Хуљандї 114 х. 156-75-23,92- 730-06-50шуъбаи фурўш:918-63-31-63, 221-41-11

њайати МушоваРа:

Хабарњо аз www.pressa.tj

Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон бо Президенти Латвия Андрис Берзинш

Тавре ки иттилоъ дорем, Президенти Латвия Анд-рис Берзинш бо сафари расмї ба Тољикистон та-шриф овардааст. Пас аз анљоми маросими расмии ќабул ва мулоќоту музо-кироти сатњи олии њарду кишвар ба назди Маљма-аи Вањдати миллї ва эњёи Тољикистон ташриф овар-да, ба зери пояи асосгузо-ри нахустин давлати тољи-кон - шоњ Исмоили Сомонї гулчанбар гузошта, ба арзишњои волои миллию таърихии миллати босто-нии тољик арзи эњтиром ба љо овард.

Маросими гулчанбаргу-зорї дар фазои пуршукуњи тантанавї бо иштироку ња-мроњии љузъутомњои Гордии ифтихории Тољикистон ва њунарнамоии оркестри низо-мии асбобњои нафасї љараён гирифт.

Баррасии масоили вобаста ба муносиботи дўстї ва њам-кории судманди Тољикисто-ну Латвия дар музокироти расмии сатњи олї идома ёфт.

Бино ба иттилои хадамо-ти матбуоти сарвари давлат, гуфтугўйи доманадори суд-бахш доир ба густариши ро-битањои сиёсї, иќтисодию тиљоратї, сармоягузорї, ил-мию техникї, фарњангї ва сањмгузорї дар муборизаи глобалии зидди терроризму

ифротгарої, гардиши ѓай-риќонунии маводи мухаддир ва дигар хатарњои љањони му-осир сурат гирифт.

Пас аз мулоќоту музоки-роти расмї миёни ду кишвар 4 санади нави њамкорї ба имзо расид, ки ба густариши минбаъдаи робитањои суд-бахш мусоидат хоњанд кард:

- Изњороти муштара-ки Президенти Љумњурии Тољикистон ва Президенти Љумњурии Латвия;

- Созишнома байни Њу-кумати Љумњурии Тољикис-тон ва Њукумати Љумњурии Латвия оид ба њамкорї дар мубориза бар зидди терро-ризм, љинояткории мута-шаккилона ва муомилоти ѓайриќонунии воситањои нашъадор, моддањои пси-хотропї ва прекурсорњо ва дигар љиноятњо;

- Созишнома байни Њуку-мати Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Љумњурии Лат-вия оид ба њамкорї дар соњаи маориф ва илм;

- Созишнома байни Њуку-мати Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Љумњурии Лат-вия оид ба њамкорї дар соњаи туризм;

- Ёддошти тафоњум бай-ни Сарраёсати Ќўшунњои сарњадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон ва Муњофизати давлатии сарњадии Љумњурии Латвия;

Тољикистону Латвия: Њамкориро густариш медињем

Корманди Раёсати андози вилояти Суѓд њангоми пораги-рї боздошт шуд. Дар ин бора аз Агентии назорати давла-тии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Тољикистон дар вилояти Суѓд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, мутахас-сиси Раёсати андози вилояти Суѓд Н.К. ваъда додааст, ки дар муњлати кўтоњтарини фаъолия-ти соњибкории шањрванд Х.М.-

ро ќатъ намуда, аз писари ў ба сифати пора 18,5 њазор сомонї маблаѓ талаб кардааст. «Корман-дони Агентии зиддифасод ўро бо далели шайъї дастгир карданд», - гуфт манбаъ. Бино ба маълу-моти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи ЉТ дар вилояти Суѓд, соли 2013 дар ќаламрави вилоят 33 далели порагирии шахсони мансабдор ба ќайд ги-рифта шудааст.

Порахўр ба даст афтод

Њукумати шањри Панљакент бинои дафтари кории бахши Њизби нањзати исломии Тољи-кистонро ќисман кўчонид.

Бино ба иттилои сомонаи рас-мии ЊНИТ бо такя ба гуфтањои Сино Њасанзода, масъули бахши њизб дар шањри Панљакент, рўзи 5-уми июн намояндањои ќудра-тии шањри Панљакент - про-куратураи шањр, раиси амният, масъули корњои дохилї, масъу-лони коммуналї ва дигарон би-нои бахши њизбро ќисман тахриб намуда, шифоњї ваъда додаанд, ки ба ивазаш замин медињанд. Ў гуфтааст, «дари бахши њизбро мањкам карда будам, мутаасси-фона, симњоро канда, дохили

бахши њизб шуда, ба вайронкорї даст заданд. Аз мо напурсиданд, ки дар бино чї асту дар кадом асос бояд бино тахриб шавад. Болопўши бинои мо 11 “плита” дошт, њоло сетояшро канданд ва тасмим доранд, то девори би-норо низ тахриб кунанд.”Сино Њасанзода ќаблан изњор дошта-аст, ки нахуст онњоро хотиррасон карда буданд, ки аз сабаби дар канори роњ будани дафтари њизб эњтимол он тахриб карда шавад, аммо ќарори ќаблї, ки арзи роњи автомобилгардро дар дохили шањр 34 метр арзёбї мекард, ба 18 ё 20 метр иваз карда шуд ва аз ин рў, ќароргоњи њизб бояд њифз мешуд, вале имрўз «боз ба тахриб намудани он шурўъ намудаанд».

Дар Панљакент бинои ЊНИТ-ро кўчонданд

Рустам Рањматулло, роњбари дастгоњи Раиси вилояти Суѓд бо фармони Абдурањмон Ќо-дирї, раиси вилояти Суѓд аз вазифааш барканор гардид.

Бино ба иттилои манобеи њу-кумати вилояти Суѓд ба љойи Ру-стам Рањматулло Ѓафур Зоиров, ки дар вазифаи мудири хољагии дастгоњ фаъолият мекард таъйин

гардидааст. Рустам Рањматулло 25-уми ноябри соли 2013 баъди ду рўзи иљрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суѓд таъйин гардидани Абдурањмон Ќодирї роњбари дастгоњи Раиси вилоят таъйин гардида буд. Ѓафур Зои-ров, ки акнун дар вазифаи роњ-бари дастгоњ фаъолият мекунад, ќаблан роњбари дастгоњи раиси шањри Чкалов буд.

Ќодирї роњбари дастгоњашро иваз кард

Бозор Собир, шоири тољик, ки соли гузашта бо даъвати Президенти Тољикистон ба Ватан омада буд, дигарбора ба Амрико баргашт.

Низом Ќосим, вакили пар-

лумон, шоир ва яке аз дўстони Бозор Собир ин хабарро дар суњбати расонањо тасдиќ кард. Ў гуфт, ки Бозор Собир на барои њамеша, балки барои чанд рўз ба хабаргирии фарзандонаш ба Ам-рико рафтааст ва боз хоњад омад.

Бозор Собир ба Амрико баргашт

10 июн, баъд аз анљоми вохўрии раиси ЊНИТ дар шањри Кўлоб болои раис ва њайати ЊНИТ њамла сурат ги-рифт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ЊНИТ, Њикматуллоњ Сайфуллоњзода гуфтааст, баъди анљоми вохўрї, зимни баромада-ни таљаммўи мардуми ба вохўри-омада аз манзили Мушаммадша-рифи Набї болои эшон њамла сурат гирифта, ба сўйи эшон

тухми мурѓу помидор њаво до-даанд. Њамзамон Њикматуллоњ Сайфуллоњзода иброз доштааст, ки теъдоде аз мошинњо роњро банд карданд, то ба роњ барома-дани мошинњои њайат ба таъхир уфтад ва эњтимоле вуљуд дошт, ки њамлаварон аз дигар ашё низ истифода баранд. «Баъди ба мо-шин савор шудани њайат моро сангборон низ карданд, аммо хушбахтона, ба касе осеб нара-сид», - афзудааст Њикматуллоњ Сайфуллоњзода.

Дар Кўлоб ба Кабирї њамла карданд

Page 3: Точикистон №24

№ 24 (1066) 12 июни соли 2014 ТољикисТон

Ин иќдом ѓайри одї ва ѓайри интизор буд. Њанго-ми сафар ба шањри Вањдат Президент Эмомалї Рањ-мон шоњиди барнома ва тарњрезињои бузург дар ин шањр мегардад ва ба раиси он Рањмоналї Амирзода мурољиат мекунад:

- Чаро дар тадбиќи ин тарњњо ва рушди шањр соки-нон ва соњибкорони Вањдат, ки дар хориљи кишваранд, наќш надошта бошанд?

Ин дастуре буд, ки дар ша-кли савол ба раис пешнињод гашт.

Баъдтар сари ин мавзўъ бо Рањмоналї Амирзода суњбате доштам ва аз ў моњияти ин да-стурро пурсон шудам.

- Ин як дастури одї не, ибтидои як марњилаи тозае дар њаёти сиёсї ва иќтисодии кишвар аст, - изњор намуд ў. Марњилаи аввал ба Ватан баргардонидани муњољирон буд, ки бо пирўзии мардуми тољик анљом ёфт. Марњилаи дуюм љалби соњибкорони тољикистонї дар бунёди ки-шварашон ва баргардонида-ни онњо ба Ватан аст.

Ман хушбахт аз онам, ки ин марњила бо дастури Ља-ноби Олї аз Вањдат оѓоз ёфт.

Чунин таљриба дар Тољи-кистон бори аввал аст. Њар-чанд дар дигар кишварњо, аз љумла Сингапур мавриди истифода ќарор дошт ва тад-биќи он таконе дар иќтисо-диёти ин кишвар ворид сохт. Албатта, љалби њамагуна соњибкорон ва маблаѓгузо-рон вобаста ба омилњои до-хилї, махсусан муносибати соњибмансабон ба соњибкорї мебошад.

Мутаассифона, ин муно-сибат ба ин раванди барои рушди кишвар муњим баъзан тамсилеро ба хотир меорад, ки наќли он зиёд ба гўш ме-расад. Пирамарде се фарза-нд дошт. Сарчашмаи рўзгори онњо модагове буд, ки якљо парвариш мекарданд ва ши-ри онро сарфи рўзгорашон мекардаанд. Рўзе пирамард аз олам чашм мепўшад. Фа-рзандон сари таќсими мерос менишинанд.

Онњо намедонанд, мода-говро чї гуна таќсим кунанд. Яке аз онњо пешнињод меку-над, ки як рўз бародари якум, рўзи дуюм бародари дуюм ва рўзи сеюм бародари сеюм модаговро ба хонаашон ме-баранд, мељўшанд ва шира-шро сарфи рўзгор мекунанд. Онњо тарњи чунин наќша мекашанд ва пайи иљрои он мешаванд. Бародари аввал говро мељўшад ва чун мавзўъ сари хўрок додани он меояд, даст меафшонад ва дар дил мегўяд, ки бигзор барода-

рони дигар ин корро анљом дињанд. Њар кадоме аз баро-дарњо чунин фикр ва рафтор мекунанд. Рўзе фаро мерасад, ки гов аз пой меафтад, аз шир мемонад. Бародарон он ваќт ѓалати худро мефањманд, ме-хоњанд чорае љўянд, аммо дер шуда буд ва модаговро аз даст медињанд. Агар муносибат ба соњибкору соњибкорї чун дар ин тамсил сурат гирад, оќибаташ чун он бародарон ангушти таассуф газидан аст.

« - Х у ш б а х т о н а , и м р ў з дар шањри мо муносибат ба соњибкор ѓамхории боѓбони дилсўзро мемонад. Бубинед, дар тўли шаш моњ дар шањри Вањдат тањкурсии биноњои аз 13 то 26 ошёна гузошта шу-данд, соњибкорони хориљї шуруъ ба маблаѓгузорї кар-данд, худи ман аллакай дар майдони чандин гектар гар-мхона пўшонидам. Солњои пеш ин чиз њатто ба гўшаи хаёли кас намеомад» - мегўяд соњибкор Ќутбиддин Хайров.

Ин фирки Хайровро таќ-вият дода, раиси ширкати «Ёќут» Абдуњалим Ќодиров, ки мањз муносибати дилсў-зонаи роњбарияти ноњия буд, дар кўтоњтарин муддат беш аз њазор љойи корї таъсис додааст.

Љав корида њосили гандум ѓун овардан ѓайри имкон аст. Агар дар баъзе шањру ноњи-яњо роњбарон паси гардани соњибкорон савор бошанд, дар шањри Вањдат амали акс ба чашм мерасад. Маънї, роњбарон дар ин шањр дар хидмати мардум ќарор до-ранд.

Марњилаи дуюми бозсозї бо дастури Президенти ки-швар дар Тољикистон аз шањри Вањдат оѓоз гирифт. Кормандони маќомоти рас-мї, соњибкорон ва ањли фарњанги шањр омодагї ба-рои мулоќот бо вањдатиёни

муќими Русия гирифтанд. - Ибтидо зиёд фикр кар-

дем, ки мулоќотро дар кадом шањри Русия баргузор намо-ем- гуфт роњбари дастгоњи раиси шањри Вањдат Ислом Ниёзов. Ваќте ки ба маълу-мотнома рўй овардем рушан гашт, ки зодагони Вањдат аз њама бештар - њудуди беш аз 2000 нафар дар шањр ва музо-фоти Санкт- Петербург кор ва зиндагї доранд. Тасмим гирифта шуд, ки мулоќот дар ин шањр баргузор гардад».

Дуразватанбудагони дар ёди ватанбуда интизорї на-доштанд, ки дар Ватан беш-тар дар фикри онњо њастанд. Оѓўши боз, дастањои гул, аш-ки шодї шоњиди истиќболи гарми вањдатиёни Санкт- Петербург аз њамдиёронашон буд.

Дар фурудгоњ Пулкова соњибкор Ќиёмиддин Саи-дов, ки солњои зиёд дар ин шањр сукунат дорад, изњор намуд, ки ба назди онњо на-мояндагони њизбњо, гурўњњо меомаданд, аммо онњо инти-зори он набуданд, ки раиси шањри Вањдат бо њайати ка-лон ба наздашон меояд.

- Чунин сафарњо на танњо руњи хамдиёрони моро боли-да месозад, балки маќомоти расмии Санкт- Петербург ва вилояти Ленинградро дар му-носибат бо муњољирон ба ан-деша водор месозад - мегўяд консули ифтихории ВКХ -и Тољикистон дар Русия Мир-зода.

- Ба ростї ташрифи раи-си нави шањри Вањдат маро ба фикр бурд, - гуфт њанго-ми суњбат як сохибкоре, ки хоњиш намуд аз зикри но-маш худдорї намоям. Маќ-сади омаданаш чист, аз мо чї мехоњад? Њар намояндае, ки ќаблан ин љо меомад, як маќ-сад дошт- пул љамъ кардан, ба љониби худаш гаравонидан.

Фикр кардам, маќсади раиси нав њам њамин аст. Дар бора-аш каме маълумот љамъ наму-дам. Гуфтанд, ки ќаблан дар шањри Исфара раис буд. Ин љо исфарагињо зиёд њастанд. Наздашон рафтам ва пурси-дам: Рањмоналї Амирзода чї гуна шахсият аст?. Онњо аз шунидани хабари ташри-фи ў хурсанд шуданд. Изњор карданд, ки мо њам ба ин му-

лоќот меравем. Ў дар се соли раиси шањри Исфара будан, корњоеро ба анљом расони-дааст, ки дар сї соли охир раисони собиќ накардаанд.

Албатта, ин љо сухан аз тавсифи Рањмоналї Амир-зода намеравад. Ў ба чї ќо-дир аст, ваќт нишон медињад. Њарчанд њам дар давраи раи-си шањри Кўлоб ва њам шањри Исфара будан собит сохт, ки кор кардани шамшер марбут ба он аст, ки дар дасти ки ќарор дорад. Ин љо сухан аз иќдоми тозаи Президен-ти кишвар Эмомалї Рањмон меравад.

Дар Санкт- Петербург муњољироне, ки њарос аз сар ба кўча халонидан доштанд, ба майдони њавої, ба пешво-зи њамдиёрон, баромаданд. Бо либосњои одї, хоксорона, вале бо дили пур, ки маќо-моти расмии шањрашон ба дидорбинї ва пуштибонии онњо омадааст.

Албатта, ташрифи расмї аз мулоќот бо маќомоти рас-мї оѓоз меёбад. Аввалин му-лоќоти раиси шањри Вањдат дар бинои Њукумати вилояти Ленинград бо раисони куми-тањои ин вилоят баргузор га-шт.

(Давомаш дар сањ.4)

гузориши рўз 3

Соњибкор ва соњибмансабЯк саволи Президент дастур барои раиси шањри Вањдат шуд

Page 4: Точикистон №24

№ 24 (1066) 12 июни соли 2014ТољикисТон хонанда4

Пурсишномаи њафтаномаи «Тољикистон» ва сомонаи «pressa.tj» Чаро нињолњое, ки дар маъракаи

кабутизоркунї дар шањри душанбе мешинонанд, аксаран хушк мешаванд?

Эзоњ: Хонандагони азиз, назари худро оид ба пурсишномаи

пешнињодшуда тавассути сомонаи www.pressa.tj баён намоед.

a)б)в)

№ 25Сабаби воќеоти охири

хоруѓ чї буд?

№ 24

Ба дарахтон нигоњубини наѓз намекунандИн дарахтон ба табиати Тољикистон мувофиќат намекунандНамедонам

Бале, Русия барои ин-

тиќол додани андози

иљтимоии муњољирон

розї мешавад80%

Не, ин ба иќти-содиёти Русия зарар меорад 16%

Нам

едон

ам 4

%Амал

иёт

баро

и

бозд

ошт

и гу

рўњи

љино

ї

63%

Амали бадхоњон

барои ноором

кардани авзои

кишвар

20%

Нам

едон

ам

17%

Марги шоњбулутњои хориљї

њар кадоме чанд њазор долларро ба «гўр» мебарад?

Моњи феврали соли 2014 дар кўчаю хиёбонњо ва боѓњои истироњатии пойтахт шинондани дарах-тони шоњбулут (каштан) оѓоз ёфт. Мардум ин љун-буљулро дида мегуфтанд, ки чаро мањз шоњбулут шинонида шавад? Магар дарахтони ороишии худа-мон нест?

Вале чун фањмиданд, ки дарахтони шоњбулутро аз шоњигарии Белгия бо нархи гарон харидорї карда овар-даанд, иддае аз шањрвандон рўйирост мегуфтанд: магар маблаѓњои љумњурї соњиб на-доранд? Воќеан, агар ќимати шоњбулутњо њар кадом 6 њазор долларї бошанд (агар ин ово-зањо воќеият дошта бошанд), пас метавон гуфт, ки ин амал исрофкорист ва на чизи ди-гар.

Магар бе шоњбулут њаёт барњам мехўрд? Вакте ки дањњо мушкилоти њалношу-даи дигар дорем ва иддае аз мардум њанўз њам азоби ќашшоќї мекашанд, аз рўйи инсоф аст, ки мо маблаѓњои халќро ба боди фано дињем?

Бо ин ќабил маблаѓ њуку-мат метавонист маошу на-

фаќањоро зиёд кунад, вале масъулон мехоњанд бигўянд, ки мардуми мо бо 200 сомо-нии нафаќа њам метавонанд «мардигарї»-и худро намоиш дињанд.

Муќарризон мегўянд, «ана бинед, ин кор ќањри Худован-дро овард ва бештари дарах-тони шоњбулут рў ба рўйи варзишгоњи марказї хушк шудаанд.

Акнун масъулон бояд ду корро анљом дињанд:

аввал товони маблаѓњои ба њаво рафтаро љуброн кунанд, баъдан дарахтони хушкшуда-ро фавран аз байн бардоранд, зеро нигоњ доштани онњо хо-сияти хуб надорад.

С. ШИкеБо,сокини пойтахт

Пас аз хондани мактуби ин шањрванд ва барои муай-ян кардани то кадом андоза даќиќ будани ин гуфтањо, хо-стем суњбате дар ин мавзуъ бо масъулон дошта бошем. Ба ин хотир тамос гирифтем, бо му-овини аввали сардори сарраё-сати «Сабзкор»-и Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар шањри душанбе абдусаттор холов. Баъд аз

баёни маќсади суњбат номбур-да гуфт, ки дар ин масъала айни њол чизе гуфта наметаво-над, зеро маќомоти салоњият-дор сари он корњои тафтишо-тї гузаронида истодаанд, пас аз як њафта онњо метавонанд, ки њамаи маълумотњоро пур-ра ва даќиќ дастраси нашрия намоянд…

Мо низ ба гуфтањои ин шах-си масъул бовар карда, ба хо-нандаи худ мерасонем, ки дар шуморањои баъдї сари моља-рои шоњбулутњои хушкшуда хоњем баргашт. зеро ин бо-ри аввал нест, ки чунин њолат бо сари дарахтони «дохилию хориљии» шинонидашуда дар пойтахт рух медињад ва ќаблан низ таќдири ин шоњбулутњо ба сари дигар њамтоёни «хо-риљии» онњо омада буд.

Умедворем, ки масъулон ба ваъдаи худ меистанд ва мою шумо сабаби марги шоњбу-лутњои белгиягиро мефањмем ва њамчунин мефањмем, ки ча-ро аксар ваќт пас аз маъра-кањои пурсару садои кабуди-зоркунї тирамоњ аз онњо танњо суратњои дар он ваќт барои хотира гирифташуда ва чанд шохаи хушк боќї мемонанд…

«Тољикистон»

(Авалаш дар сањ.3)

Раиси Кумитаи робитањои хориљии вилояти Ленинград Андрей Манин ташрифи њай-ати расмии шањри Вањдатро ба ин вилоят таъмири пуле донист, ки ду соњилро ба њам мепайвандад.

Баъдтар, њамтои ў - раи-си Кумитаи робитањои бай-налмилалии шањри Санкт-Петербург Е.Д. Григорьев зикр кард, ки ин ташриф дар давраи барои Русия ваз-нин сурат гирифт ва мебояд риштањои аз њам гусаста ди-гарбора пайванд гарданд ва Тољикистон дар ин марњи-лаи њассос мутакои Русия бошад. Дар ин мулоќот аз мулоќотњои расмии баъдї як њусни тавоњуми байни та-рафњо ба миён омад. Њамкорї дар риштаи туризм, шикор, кишоварзї, моњипарварї, коркарди меваи хушк, сохт-мон, маблаѓгузорї дар дигар соњањо самтњое буданд, ки атрофи онњо тарафњо табо-дули назар карданд. Дирек-тори генералии «Иттињо-ди кормандони саноат ва соњибкорон»-и вилояти Ле-нинград Александр Габитов пешнињод намуд, ки барои омўхтани имконоти шањри Вањдат як њайати соњибкоро-ни вилояти Ленинградро ба Тољикистон сафарбар хоњад намуд. Дар мулоќот бо соњиб-корони Санкт-Петербург, ки дар бинои «Теплоком» бо соњибкорони ин шањр баргу-зор гашт, имконоти Тољики-стон ва дар шоњроњи абрешим ќарор доштани он мавриди таваљљуњи соњибкорони ин кишвар гардид.

Њадафи асосии ин сафар љалби соњибкорон ва њамва-танон буд. Дар мулоќот бо

соњибкорони вањдатї Рањмо-налї Амирзода изњор намуд, ки имрўз дар кишвар њама шароитњо барои босамар фаъолият намуданд фароњам омадааст. Мавсуф ба соњиб-корон мурољиат намуда, аз љумла чунин гуфт:

- Соњибкорони хориљї ва дигар манотиќи кишвар омо-да њастанд фаъолияташонро дар шањри Вањдат ба роњ мо-нанд, дар рушди шањру ноњия сањм гиранд. Вале ман дар за-минаи дастури Љаноби Олї, пеш аз њама лозим донистам, ки ба шумо мурољиат намо-ям ва аз шумо даъват ба миён оварам. Зеро шањри Вањдат зодгоњи шумост, хуни нофа-тон дар ин хок рехтааст. Ман пеш аз њама ба шумо пеш-нињод мекунам, ки соњиб-корї, бунёдкориатонро дар Вањдат ба роњ монед, то рўзе нагўед, ки чаро ба мо барои дар рушди зодгоњамон сањм гирифтан даъват ба миён на-омад...

Вањдатиёни сокини Санкт-Петербург даъвати Рањмо-налї Амирзодаро ба хубї пазируфтанд, бисёре аз онњо изњори омодагї карданд, ки дар соњаи кишоварзї, бунёди иншооти варзишї, сохтмон, ба роњ мондани соњибкорї сањм хоњанд гирифт.

Дар баробари мулоќотњои расмї барои муњољирон аз шањри Вањдат ва дигар мано-тиќи Тољикистон мулоќотњои фарњангї, консертњо баргу-зор гашт. Раќсу таронањои зе-бои тољикї, њамчунин, боиси дилхушии сокинони шањри Санкт-Петербург гаштанд. Онњо баробари муњољирон суруд мехонданд ва мераќ-сиданд.

Шарифи ЊАмдАмпур,шањри Санкт -петербург

Соњибкор ва соњибмансаб

Як саволи Президент дастур барои раиси шањри Вањдат шуд

Page 5: Точикистон №24

№ 24 (1066) 12 июни соли 2014 ТољикисТонмавзўи рўз 5

Задухўрди маргбор

дар марзи Тољикистону Афѓонистон

Шаби 9 ба 10-уми июн, зимни пешгирї аз интиќо-ли маводи мухаддир ба кишвар миёни низомиё-ни тољик ва ќочоќбарони афѓон задухўрди мусал-лањона сар зад. Дар ин бо-ра Агентии назорати маво-ди нашъаовари Тољикистон хабар медињад.

Ба иттилои манбаъ зим-ни амалиёти махсус, ки муштаракан бо ќушунњои сарњадї гузаронда шуд, дар минтаќаи “Шуркул”-и ноњияи Панљ ќочоќбарони афѓон муќовимати мусал-лањона нишон доданд: “Дар натиља яке аз ќочоќбарон – Ѓаффор валади Абдуѓафури 45-сола – сокини вулусво-лии Имом Соњиб безарар гардонида шуда, њамма-слаки ў бо номи Абдулло ба самти Афѓонистон фирор намуд.”

М а ќ о м о т и т о љ и к м е -гўянд, зимни тафтиш аз љойи њодиса як адад камони шикорї, 35 бастаи гашиш ва 3 баста героин дарёфт шуд.

Манбаъ мегўяд, аз рўйи ин њодиса парвандаи љи-ної оѓоз гардида, тафтишот идома дорад.

Занон аз сафири

Британия чї мехостанд?

Масъулони Вазорати корњои дохилии Тољикис-тон мегўянд, ки дар роби-та ба эътирози як гурўњ аз занон дар назди сафорати Бритониё дар Душанбе 10 нафарро боздошт карда-анд.

Ба иттилои манбаъ, ин афрод аз љониби корман-дони милитсияи ноњияи Исмоили Сомонии пойтахт боздошт шуда, дар вайрон намудани тартиботи љамъи-ятї айбдор мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ин тазоњурот баъд аз зуњри 10 июни соли љорї дар назди сафорати Бритониё дар Ду-шанбе баъд аз зуњри 10 июн сар зада, ба гуфтаи шоњидон љамъомадагон ба сўйи би-нои сафорат санг андохта-анд. Ин њамоиши эътирозї дар њоле сурат гирифт, ки Робин Орд Смит, сафири Бритониё дар Душанбе 10 июн озими Хоруѓ шуда буд.

Дар ин мавзуъ навишта-ни маќола бисёр дарднок ва њам зиёд шармовар аст. Зеро ин љо бояд дахолат ба масъалањое намуд, ки он-ро дар забони байналми-лалї «интим» ва дар забони мардуми мо мањрамона ме-гўянд ва бењтар мебуд, агар ин мавзуъ умуман расонаї намешуд.

Аммо хабаре, ки њафтаи охир дар расонањо оид ба «никоњ»-и ду њамљинс, ду мард байни њамдигар бастаанд ва он њам дар Тољикистони мо, маљбурамон кард, ки сари масъала њарф за-нем. Албатта, њар инсон сари њар масъала андешаи худро до-рад, вале мавзуъњое њастанд, ки аксари кулли одамон ба он аз як зовия менигаранд. Яъне аксари кулл ин љо њамаќидаанд. Њар-чанд дар ин љо бањси «якдилии мењнаткашон»-ро чун дар гуза-шта ба миён гузоштанї нестем, вале бояд як чизро иќрор шуд, ки тањмили аќида ё бемории як гурўњи кўчак ба сари гурўњи бузург худ табиатан тањаммул-пазир набояд бошад…

…Озодии инсон он љое хо-тима меёбад, ки ба озодии инсонњои дигар халал ворид созад. Ин як принсипи љомеаи демократї мањсуб меёбад, вале дарки онро дар њар љомеа њар хел бозтоб мекунанд. Маслан, љомеаи ба ном демократии Ѓарб њоло њамаи масъалањои муњимро ба як тараф гузо-шта, аз пайи амалї гардидани «њуќуќњои вайроншудаи» ња-мљинсгароён ва ё гейњо машѓул шудааст. Њатто кор ба љое рас-идааст, ки агар њар кишваре ин њуќуќњоро эътироф накунад, «ѓайридемократї» њисобида мешавад. Ин аст, ки аз ин њолат истифода бурда, шумораи «ни-коњњои» ѓайриинсонї рўз ба рўз дар ин кишварњо афзуда исто-даанду анъанањои оилаи солим њарчи бештар аз байн меравад. Бигзор онњо бо роњи интихоб-кардаи худ раванд ва гумроњи-ашонро идома додан гиранд, аммо тањмили ин ѓояњои ѓай-риинсонї ба кишварњои алњол сироятнаёфта наќзи њуќуќи АКСАРИЯТ аст. Вале чаро дар ин бора њарфе намезананд, муаммост. Мо ин љо ду бор ка-лимаи «ѓайриинсони»-ро исти-фода кардем. Чаро? Биёед, аз рўий мантиќ андеша ронем. Барои атеистњо Табиат, барои бандагон Худо њама чизро дар рўйи олам дуќутба офаридааст: сиёњу сафед, шабу рўз, сарду гарм, болою поён, хушку тар ва…њазорон љамъу тарњи дигар. Дар ин ќатор офаридааст За-

ну Мард ва нару мода (барои њайвоноту наботот). Ин љуфт барои идомаи њаёт дар рўйи замин офарида шудааст. Дар њолати вайрон шудани ин та-возун табиат дигар мешавад, дунё таѓйир меёбад ва инки-шоф бозмеистад. Мантиќан, њар чизе, ки аз ин чорчўба берун мемонад, ѓайритабиист ва ѓай-ри ќобили ќабул бояд бошад. Ана барои чї амали гейњоро метавон танњо ѓайритабиї ва ѓайриинсонї номид. Ин љо дар бораи назари дин нисбати њо-дисањои муоширати байни ду њамљинс (хоњ ду мард бошанду хоњ ду зан- лесбиянкањо) суха-не намегўем, зеро њамаи динњо ин намуди муоширатро мањкум мекунанд. Вале дар канори Сайёраи Замин менишинему мушоњида мекунем: ба љуз хар ва инсон дигар ягон офаридаи Худо бо њамљинси худ муоши-рат намекунад. Њатто хар њам танњо њамон ваќт ба ин амал даст мезанад, ки агар аз љин-си муќобил барои худ шарик пайдо накунад. Хулосабарорї аз худи шумост. Вале ин одати ѓайритабииро танњо метавон ду хел шарњ дод: яке ин шах-сон беморанд ва ба табобат ниёз доранд, дигаре аз кўдакї дар муњити ѓайритабиї бузург шудаанд. Аммо њастанд мин-таќањое, ки бо сабабњои гуногун њолати ѓайритабиї муошират бо њамљинси худ бештар ривољ ёфтааст. Масалан њамсояки-швари мо Афѓонистон. Солњое, ки он љо будем, як њамсояи мо дар Тахор писари 14 солаашро намемонд, ки бањудаю бењуда ба кўча барояд. Сабаб пурси-дам, гуфт, ки дар ин љо имко-

нияти мавриди таљовуз ќарор гирифтанаш њаст. Ростї, он ваќт бори аввал фањмидам, ки писарбачаро низ метавонанд таљовуз кунанд. Њоло дар байни мардум низ гап-гапи бо њар роњ муошират намудани афѓонњои муќими Душанбе бо писар-бачањои ноболиѓ роиљ аст. То кадом андоза ин суханон асос доранд, мо гуфта наметаво-нем, вале як нафаре, ки ин «одат»-и њамсояњоро медонад, навиштааст: «Ман 7-сол дар Афгонистон будам, он љо кор мекардам. Њаминро гуфтани-ям, ки ягон марди афѓонро ба оилаи худ ва ё ин ки бо кўда-кони худ наздик накунед, ки ањволатон бад мешавад. Ин корњои љавон-бозї дар онњо падар-касбї мебошад. Онњо агар љавонписаронро пайдо ку-нанд, тамоман бо духтарњои ља-вон алоќа намекунанд. Њар як одами бой ё ин ки мансабдор, њатто то ходимони пулис бо худ як љавонписаре њамчун машуќа доранд, ки доим бо онњо ЗИНО мекунанд. Њато занњои афѓон ба дод омадаанд, ки шавњарњо бо онњо алоќаи љинсї тамо-ман, ки надоранд, агар дошта бошанд њам, бо он љое доранд, ки на Аллоњ иљоза додаасту ва на Паёмбар( с.а.в.)». Баъд аз хондани ин суханон ростї, чї гуфтанатро намедонї ва фаќат мегўйї: «Њар айб, ки њаст, дар

мусулмонии мост…» Ба чунин «демократия» кишварњои њи-моякунандаи њамљинсгарої чї мегуфта бошанд? Њоло дар 15 кишвари дунё «никоњ»-и байнињамдигарии њамљинс-гароён ба таври расмї иљозат дода шудааст ва онњоро њамчун оилаи бутун ќабул мекунанд. Дар бисёр кишварњо њарчанд «никоњ»- и байни њамдигарї расман ба ќайд гирифта наша-вад њам, аммо мухолифи њам-зистии чунин ашхос нестанд ва шояд дар оянда барои ин кор иљозат њам дињанд. Яъне «ола-ми демократї» ќадам ба ќадам ин аќидаи ѓайритабиию ѓайри-инсониро дар тамоми кураи арз пањн намуда истодааст. Наша-вад, ки пас аз чунин «демокра-тикунонї» на танњо як љуфти тољик, балки солњои минбаъда мо шоњиди «љамъияти оилањои якљинса» шавему дар тўи ару-сии Равшаною Љамшудбой ё Љамшудаю Равшанбой ќадањ бардошта, ба «навхонадорон» бахт талабем. Аммо чун навбат ба љумлаи «ба ин хонадон соњи-би… фарзанд шуданро таманно мекунем….» мерасад, чї ме-гўем? Фарзандонро аз оилањои солим «иљора» гиранд? Узр, ё аз ягон љойи дигарашон таваллуд кунанд?

А. АЊМАДЗОДА,«Тољикистон»

Демократияи якљинса

ё тўйи Љамшудаю Равшанбой кай баргузор мешавад?

НАЗАРИ ДИГАР ДОРЕД? НАВИСЕД, ЧОП МЕКУНЕМ!

[email protected], [email protected] Телефон барои тамос: 238-54-51

Page 6: Точикистон №24

№ 24 (1066) 12 июни соли 2014ТољикисТон6 нигоњи дигар

Масъули сањифа Барнои Нозирдухт. Мо интизори мавод ва пешнињодоти шумоем! E-mail: [email protected] • Шуъбаи реклама: [email protected] • Тел: (44) 601-35-95

МаълуМотноМаиМаълуМотноМаи

Њамад ибни Исо ал-Халифа

Њамад ибни Исо ал-Ха-лифа аз соли 1999 то 2000 амири Бањрайн ва аз со-ли 2002 дар Бањрайн шоњ мебошад.

Њамад 28 январи соли 1950 дар оилаи Исо ибни Салмон ал-Халифа, ки њоким ва баъд амири Бањрайн буд, ба дунё омадааст. 27 июни соли 1964 Њамад вориси тахт таъйин гардид. Ў дар Leys School –и Кембридж тањсил намуда, соли 1968 Mons Officer Cadet School-и Алдершот (Гэмпшир. Британия) –ро хатм кардааст. Пас аз бозгашт ба ў супориш дода шуд, ки дар бастагї ба хурўљи неруњои Британия аз минтаќа дар соли 1971, нерўї дифоъ дар Бањрайн ташкил бидињад. Њамад дар омўзиш-гоњи њарбии Форт-Ливенворти ИМА ва дар Академияи низо-мии подшоњї дар Сандхёрст (Британия) таълим гирифта, пас аз истиќлолияти Бањрайн дар соли 1971 ў аввалин Вази-ри дифоъи ин кишвар гардид ва то соли 1988 дар ин вазифа буд. 6 марти соли 1999 Исо бен Салмон ал-Халифа ба њалокат расид ва њамон рўз Њамад амир эълон шуд… 9 октябри соли 1968 шейх Њамад бо духтара-макаш Сабике бинт Иброњим ал-Халифа оиладор шуд ва онњо соњиби 3 писар - Салмон, Абдулло, Халифа ва як духтар – Наљла шуданд. Аз њамсари дуюм, Шеиа бинт Њасан ал-Храййеш ал-Аљми, Њамад II ду писар Носир ва Халид ба дунё омад. Бори сеюм Њамад бо духтари шайх Фейсал бин Муњаммада бин Шураима ал-Марри оиладор шуд, ки аз ў шоњ соњиби як писар бо но-ми Фейсал ва ду духтар Нуру ва Муниру гардид. Шоњзода Фейсал дар синни 15 солагї соли 2006 ба њалокат расид. Аз њамсари чорум Њамад як писар Султон ва ду духтар Хесса ва Рима шуд.

Ин њафта рўзномањои љањон вобаста ба интихо-боти президентии Сурия матолиб нашр намудаанд.

Асад оянда надорад?

рўзномаи «Corriere della Sera»-и италия менависад, ки гурўњи G7 пирўзии Башор Асадро дар интихоботи пре-зидентї намепазиранд. Роњба-рони кишварњои «њафтгона» бовар доранд, ки интихоботи баргузоршуда дар Сурия ѓай-риќонунї мебошад, њарчанд президенти амалкунанда бо 88 дарсади овоз дар он пирўз шуд. Коршиносон мегўянд, ки интихоботро шаффоф ном бурдан душвор аст, вале худи далели баргузории он беназ-ир аст. Роњбарони кишварњои «њафтгона» пирўзии Башор Асадро ќабул надоранд. Ин гурўњ дар Брюссел интихоботи президентии Сурияро ќалба-кї номида, изњор намуданд, ки Асад дар Сурия оянда надорад. Ќаблан вакили парлумони Су-рия Муњаммад Ал-Лањам эълон намуд, ки президенти амалку-нанда дар интихобот 88 дар-сад ва раќибонаш собиќ вазир Њасан Ан-Нури 4 дарсад ва ва-кили парлумон Мањер Хаљар 3 дарсад раъй ба даст оварданд. Рўзнома менависад, ин ин-тихобот аввалин дар таърихи Сурия ба шумор меравад, ки дар натиљаи он президенти амалкунанда интихоб ва таъй-ин гардид. Њизби њокими Баас ба он назаранд, ки овоздињї пешрафти бузурге барои ки-швар буд. Вале мухолифин мегўянд, интихобот таќал-луб дошта, Асад танњо барои мустањкам намудани њокими-яташ интихоботро анљом дод. Бархе аз коршиносон мегўянд, ки «барои суриягињо ин ќада-ми муњим ба пеш аст, зеро њо-дисаи ба ин монанд дар таъри-хи Сурия бори аввал мебошад. Тавре ки рўзнома менависад, дар мавриди гирифтани акса-рияти раъйи Асад бошад, он чизе, ки аввал ба назар ме-расад, ин раќами овозњост, ки аввалин бор чунин раќам садо дод, мисле, ки чї ќадар варакаи раъй бекор карда шуд – 400 њазор. Њамчунин, гуфта мешавад, ки интихобот танњо дар минтаќањои зери на-зорати њукумати Сурия буда, баргузор гашта, дар ќисмати шимол ва шарки кишвар, ки даргирї идома дорад, сурат нагирифтааст. Рўзнома итти-лоъ медињад, ки инак, 3 сол боз мухолифон, бахусус љангиёни хориљї мехоњанд низоми Асад-ро сарнагун намоянд. Љанги

шањрвандии Сурия љони беш аз 150 њазор нафарро рабуд. Ба њар сурат, мухолифони Сурия то ин дам натавонистанд ит-тињоде ташкил намоянд. Ѓарб њамчунон гурўњњои мухолифо-не, ки байни худ мељанганд, дастгирї мекунад ва бо ин кор љанги шањрвандиро идома ме-дињад. Коршиносон мегўянд: «Мухолифон кињоянд? 25-30 њазор нафар – ин артиши озо-ди Сурия ва «Фронти исло-мї» ва онњое, ки бояд дар як гурўњ љамъ оянд. Дигарон њама гурўњњои радикалии исломгаро мебошанд. Љанги шањрвандї идома меёбад, њоло афзалият ба љониби артиши њукуматї, ки роњбарии онро Башор Асад ба уњда дорад, мебошад ва дар ин солњои наздик, ин љанг поён нахоњад ёфт». Тибќи Конститутсияи нави Сурия, ки моњи феврали соли 2012 мавриди амал ќарор гирифт, роњбари давлат тариќи раъй-пурсии умумихалќї ба мудда-ти 7 сол интихоб мегардад ва метавонад танњо як маротиба интихоб шавад. Муњлати нави президентї барои Башор Асад бори сеюм мебошад.

Имкониятњои Асад

рўзномаи «Deutsche Welle»-и олмон бошад, менависад, дар интихоботи Сурия аввалин бор дар таърих чандин номзад иштирок дошт, вале аз оѓоз пи-рўзии президенти амалкунанда Башор Асад муайян буд. Зеро коршиносон тахмин мезаданд, ки «ин дар таърихи Сурия ав-валин интихоботи алтернативї мебошад, вале ду номзади ди-гар барои Асад раќобатпазир нестанд. Аммо далели он, ки Асад то анљоми фаъолияташ дар маќоми президентї худро нигоњ дошта тавонист, барои бисёрињо дар Ѓарб ѓайричашм-дошт буд. Шубњае нест, ки бе дастгирии Эрон ва Русия ин барояш душвортар мегардид. Рўзнома менависад, интихобо-ти Сурия дар ягон давру замон шаффоф набудааст ва њоло њам

ба назари бархе аз коршиносон њамин тавр сурат гирифт. Аљиб он аст, ки чї гуна метавон дар кишваре интихобот баргузор намуд, ки ќисмати зиёди онро њукумат зери назорат надорад.

5 млн. гурезаву 8 млн. бекор

рўзномаи «The Wall Street Journal»-и амрико менависад, Асад аввалин маротиба соли 2000, пас аз марги падараш – Њафиз Асад роњбари Љумњурии арабии Сурия гардид. Бояд гуфт, ки Њафиз 4 давра аз соли 1971 то дами марг президентї кардааст. Худи Асад дар аввал наќшаи ба сиёсат машѓул шу-данро надошт. Соли 1992 до-нишљўйи 27 солаи тиб барои таљрибаомўзї ба Лондон сафар кард. Дар конфронсњои илмї Асад танњо бо номи мустаор баромад менамуд. Худи падари Асад њам аз фарзанди калони-аш Басиля дар сиёсат интизо-рии бештар дошт. Вале дар со-ли 1994 ў дар садамаи наќлиётї ба њалокат расид. Он замон Башор Асад ночор ба Сурия баргашт ва соли 2000 пас аз марги падараш, иљрокунандаи вазифаи президентї, сарвазир Хаддам, ўро фармондењи олии артиш таъйин кард. Ба хотири Башор Асад сарќонун таѓйир дода шуд: синни миёнаи ном-зад ба маќоми президент то 35 поён бурда шуд, ки соли 2000 сиёсатмадори љавон дар ња-мин синну сол буд. Дар на-тиљаи баргузории референ-дум Башор Асад 97 дарсади раъйи мардумро соњиб шуд. Моњи майи соли 2007 бошад, њамин ќадар шањрвандони Сурия Асадро барои давраи дуюм интихоб карданд. Бањо-ри соли 2011 дар кишвар љан-ги шањрвандї оѓоз шуд, ки то имрўз идома дорад. Рўз-нома иттилоъ медињад, ки то имрўз тибки маълумоти гу-ногун дар Сурия аз 110 њазор то 230 њазор нафар ба њалокат расидаанд. Беш аз 5 млн. на-фар гуреза шуданд. Љанг ба

иќтисоди ин кишвар низ бе таъсир намондааст. ММД ду маротиба коњиш ёфт, беш аз 8 млн. нафар ба камбизоатї рў ба рў шуданд. Бекорї дар ин кишвар ба 50 дарсад расидааст. Дар давраи дигари интихобо-тї пирўз шудани Асад маънои онро надорад, ки ў аз њама чиз даст кашад. Дар пеш ислоњоти сиёсї ва иќтисодї меистад, ки љанги бардавом ба ў халал мерасонад. Ў бояд мушкило-ти зиёдеро њал намояд, аз ба эътидол даровардани вазъият дар дохили кишвар то ба роњ мондани муносибати хуб бо њамсоягонаш.

На дўсту на душман

рўзномаи «Украiна Молода»-и Украина менависад, аз аввал муносибатњои Асад бо ИМА низ бад набуд. Худи Љон Кер-ри борњо изњор намуда буд, ки дар ваќтхои аввал прези-денти нави Сурияро дастгирї мекард, «вале њамаи ин дар гузашта». Рўзнома менави-сад, ки моњи марти соли 2000 дар Женева чорумин вохўрии Билл Клинтон бо Асад сурат гирифт, ки дар муносибатњои дуљониба сурохие ба вуљуд овард. Дар натиљаи музоки-роти 4 соата љонибњо натаво-нистанд дар мавриди ба роњ мондани гуфтушунид миёни Исроилу Фаластин ба хулосае бирасанд. Ва аллакай ду сол пас, Вашингтон Сурияро ба рўйхати кишварњои худкома дохил кард, ки гўё ин кишвар терроризм ва силоњи њастаиро сармоягузорї мекунад. Муно-сибат бо ИМА аз оѓоз дўстона набошад њам, њамвор буд. Вале соли 2005 дар ИМА гурўњхое аз муњољирон ба вуљуд омаданд, ки худро мухолифони Асад ном мебурданд. Ин гурўњњо аз љониби Вашингтон даст-гирї мешуд ва вазъият бад-тар мегардид. Пас аз оѓози «Бањори араб» Ќасри Сафед дарњол мухолифони Асадро дастгирї намуда, ба онњо кў-маки молї мекард ва бо силоњ таъмин менамуд. Рўзнома ме-нависад, ки бањори соли љорї њукумати Обама муносибати дипломатї бо Сурияро бо-здошт. Аммо ин танњо маѓлу-бияти Обама аст, на аз Асад. Њодисањои Сурия, нокомии ИМА дар сиёсати хориљї ба шумор меравад. Иттифоќчиё-ни Амрико низ чунин назар доранд. Гуфта мешавад, ки то њол Обама ба мухолифон кў-маки низомї мекунад ва бар-хењо аз њукумати Обама аз он дар ташвишанд, ки он метаво-над ба як Ироќу Афѓонистони дигар табдил ёбад.

88 фоизи АсадЧаро G7 интихоботи Сурияро ќабул надорад?

Page 7: Точикистон №24

№ 24 (1066) 12 июни соли 2014 ТољикисТон 7иќтисод

Масъули сањифа Усмон Ниёзов. Мо интизори мавод ва пешнињодоти шумоем! E-mail: [email protected] • Шуъбаи реклама: [email protected] • Тел: (44) 601-35-95

Алюминий боз ќимммат

шудИмрўз дар бозори љањо-

нии филизоти Лондон на-рхи алюминий нисбат ба як њафта ќабл боз њам боло рафт, ки барои як тонна 1 њазору 828.5 долларро ташкил медињад.

Ин дар њолест, ки дар зар-фи чанд њафтаи охир ба та-дриљ нархи алюминий дар биржаи металлњои рангаи Лондон (LME) аз 1833$ то 1736,5 доллар пойин рафта буд. Болоравии нархи алю-миний дар бозори љањонї ба иќтисоди Тољикистон фои-даовар аст.

70 дарсади моли соди-ротии Тољикистонро алю-миний ташкил медињад ва манбаи муњими даромади маљмўи мањсулоти дохилии кишвар низ мањз ин мањсу-лот аст. Коршиносон бар он аќидаанд, ки дар сурати бе-майлон поён рафтани арзи-ши алюминий дар бозори љањон даромади буљаи ки-швар коњиш меёбад ва КВД «ТАЛКО» ро муфлисшавї интизор аст, зеро ќимати истењсоли нархи як тонна алюминий дар Тољикистон на камтар аз 2100 доллари ИМА мебошад. Соли гузашта КВД «ТАЛКО» бо нархи беш аз 2200-долларї мефурўхт.

Тољикистон байни ки-шварњои истењсолкунандаи алюминий бо нишондињан-даи 400 њазор тонна дар як сол љойи 16-умро ишѓол ме-кунад. Аммо баробари нахи пахта, ягона моли ба њаљми калон содиротмекардаи ки-швар, алюминий мебошад.

Чаро Русия дар љойи

аввал?К и ш в а р њ о и Т у р к и я ,

Эрон, Афѓонистон, Чин, Русия ва Ќазоќистон ша-рикони асосии тиљоратии Тољикистон дар бахши со-диротанд. Ба ин кишварњо асосан металлњои ранга, аз љумла арзиз ва нахи пахта содир мешавад.

Тайи моњњои январ - апрел њиссаи Туркия дар хариди моли Тољикистон 27,9 фоизи содироти умумї (78 миллион доллар)-ро ташкил дод. Ру-сия, Ќазоќистон, Чин, Тур-кия шарикони асосии тиљо-ратии Тољикистон дар бахши воридоти моланд.

Дар ин љода Русия (33%) маќоми аввалро касб намуд. Тайи 4 моњ содироти мол 279,5 миллион ва воридоти он 1,3 миллиард долларро ташкил додааст.

Ќаблан њафтаномаи «Тољикистон» вобаста ба болоравии нархи картош-ка дар аввали бањор матлаб чоп карда буд. Аммо зан-гњои зиёди хонандагон ба идораи рўзнома моро водор намуд, ки боз ба ин мавзуъ баргардем. Тавре маълум, имрўз дар бозорњои пойтахт картошкањои нав ба фурўш баромадаанд, вале нархњо њамоно дандоншикананд. Нархи як кило картошка њо-ло 3,5 то 5 сомонї дар пой-тахт ва дар минтаќањо то 6-7 сомонї њам дакка хўрдааст.

Картошка ќимат бошад, бодиринг

хўред!Ваъдаи вазири кишоварзї,

ки гуфта буд: баъд аз барома-дани картошкаи нав нархи он арзон мешавад, амалї нашуд ва Худо медонад, ки то охири сол ин пешгўйї љомаи амал пўшад. Њоло дар арафаи моњи Рамазон ќарор дорем ва дар мо анъана шудааст, ки бегуфтугў фурў-шандањо тамоми намуди нархи мањсулотро дар ин моњ боз бо-лотар мебаранд. Њоло саволи рўз ба масъулини дахлдор ин аст, ки картошка кай арзон мешавад?

Ин шабу рўз аз картошка дида, нархи бодирингу пиёз аз њама арзон аст. Нархи 1 кг бо-диринг аз 80 дирам то 1 сомонї ва пиёз 1,5 -2 сомонї фурўхта мешавад. Мушоњидањо нишон медињанд, ки мардум бештар бодирингу пиёз харидорї карда истодаанд. Аммо танњо бо боди-рингу пиёз шикамро сер карда намешавад. Дар бораи нархи гўшт суњбат кардан нашояд . Нархи он ноаён, зина ба зина майл ба болоравї дорад. Њоло 1 кг гўшт дар бозорњои пойтахт 35-36 сомонї аст ва моро нархи «рамазонї» њам дар пеш аст, ки он шояд 40 сомонї шавад.

«Фол»-е, ки мардумро гумроњ кард

…Мардум картошкаро баъди ѓалладона њамчун «нони дуюм», ки серистеъмолтарин мањсулоти полезї ба шумор меравад, ме-

донанд. Бинобар ин, Президенти мамлакат пайва-ста дар њар му-лоќоту вохўрињо ба масъулини соња

супориш медињад, ки кишти за-мини картошка њар чї бештар зиёд карда шавад. Њамин буд, ки Ќосими Роњбар, вазири кишо-варзии Тољикистон дар љаласаи васеи њукумат дар њузури Эмо-малї Рањмон аз истењсоли беш аз 1 миллион тонна картошка хабар дода буд. Ў дар аввали со-ли равон таъкид карда буд, ки супориши Президенти кишвар оид ба расондани истењсоли со-лонаи картошка ба 1 миллион тонна бори аввал иљро гардид: «Дар соли 2013 1 миллиону 115 њазор тонна картошка истењсол шуд».

Тибќи иттилои расмї, тала-боти солонаи Тољикистон ба картошка њамагї камтар аз 800 њазор тонна арзёбї мешавад, ки солона ба њар сари ањолї 100-110 кг рост меояд.

Тавре аз Вазорати кишварзї ба мо хабар доданд, то 8 июни соли љорї ба 17 њазору 199 га замин картошкаи барваќтї кишт карда шудааст. Дар асоси маълумоти расида, соли гузашта 20 њазору 785 га замин картош-каи барваќтї кишт шуда буд. Имсол 23 њазору 645 га замин-ро картошкаи барваќтї «соњиб» шудааст ва оё ин се њазори ило-вагї нархро аз будаш кам меку-над? Алњол натиљаи онро надида истодаем.

Бо њисобот шикам сер намешавад

Соњибназарон мегўянд, ки яке аз сабабњои зиёд шудани талаботи мардум ба картошка ва ба берун рафтани он нархи њамоно номуътадили картошка аст. Коршиносони соња яке аз сабабабњои аслии кам шудан ва боло рафтани нархи картош-

ка дар минтаќаро -ин пеш аз пухта расидан љамъоварї кар-да фурўхтани он ва картошкаи хомро захира намудани тољирон аст, ки дар натиљаи сард ома-дани боду њаво њаљми муайяни онро сармо задааст. Аз рўйи иттилои расмї, Покистон ба кишварњои минтаќа њамасола 1,8 миллион тонна картошка со-дирот менамояд. Вале соли љорї бино бар сабаби зикршуда ин раќам хеле коњиш ёфтааст, њат-то талаботи худи Покистонро ќонеъ намегардонад. Аз ин рў, якбора картошка дар бозорњои минтаќа кам шуда, нархи он боло рафт.

Бояд гуфт, ки аз рўйи омо-ри расмї Покистон солона ба њисоби миёна 4 миллион тонна картошка истењсол мекунад. Талаботи дохилии он 2,2 млн. тоннаро ташкил медињад.

Њукумати музофоти Панљоби Покистон љињати бартараф на-мудани буњрони картошка дар кишвар тасмим гирифтааст, ки андозро аз картошкаи воридша-ванда аз Њиндустон озод намуда, арзиши картошкаи содиротша-вандаро боло барад. Ин тасми-ми њукуматдорони Покистон љињати 200 њазор тонна картош-ка талаботи моњонаи кишварро ќонеъ гардонида наметавонад, вале нархњоро дар Њиндустон ќариб ба нархњои дохилии По-кистон баробар намудааст, ки ин раванд низ боиси болоравии нархи картошка дар минтаќа га-

штааст. Бо машварати Вазорати амнияти озуќаи Покистон аз 5 май то 31 июли соли 2014 барои воридоти картошка 25 дарсад андози танзим, 17дарсад андози фурўш ва 5 фоиз андоз аз фоида озод карда шуд. Барои содироти картошка 25фоиз андоз зам гар-дид. Аммо коршиносони соња муътакид бар онанд, ки изофа намудани андоз барои содирот ба мањсулоте, ки 50 фоизи он ал-лакай содирот шудааст, натиљае надорад.

Мавриди зикр аст, ки њамаи ин тадбирњо ба он хотир роњан-дозї гардиданд, ки то 200 њазор тонна картошкаи аз Њиндустон воридгардида, тавонанд нархро дар бозорњои дохилї муътадил гардонанд. Илова бар ин, чан-де ќабл вазирони кишоварзї ва озуќаи Панљоб бо картошка-парварон ва тољирон љаласањо гузаронида, хостанд арзиши картошкаро аз 50/60 рупияи покистонї то ба 30 рупия поён баранд. Вале тамоми ин тадби-рњо натавонист, ки нархро дар бозорњо нигоњ дорад. Аммо дар Тољикистон барои коњиши на-рх дар бозор чї коре анљом до-да мешавад? Њељ! Ин љо танњо њисоботи коѓазї мављуд њасту халос ва инро суръати кайњонии имсолаи нархи картошка собит намуд. Шикам ба њисобот не, ба картошкаи кулўлаи воќеї бовар мекунад…

Усмон Рањимзода, «Тољикистон»

Картошка наву нархаш куњна

Покистон дар ѓами њимояи бозор, Тољикистон њисобот медињад

НАЗАРИ ДИГАР ДОРЕД? НАВИСЕД, ЧОП МЕКУНЕМ!

[email protected], [email protected] Телефон барои тамос: 238-54-51

Page 8: Точикистон №24

№ 24 (1066) 12 июни соли 2014ТољикисТон њуќуќ8

Кўчонидани ањолї аз як мавзеъ ба мавзеи дигар њамеша ташвишњои зиё-деро ба бор меорад. Бењу-да мардум намегўянд, ки нишастан як балою хестан сад бало.

Мувофиќи маълумоти ба мо расида, њанўз ду моњ пеш 15 на-фар занони мавзеи Маркази зилзиласанљии ноњияи Рашт дар назди њукумати ноњия аз маќомот хоњиш кардаанд, ки масъалаи ба љойи манзили нав кўчонидани онњоро аз мадди назар дур насозанд, зеро то якуми апрел ба онњо муњлат додаанд, ки љойи зисти худро тарк кунанд.

Тавре ки Сардори шуъ-баи корњои дохилии ноњияи номбурда Муродулло Шафи-ев иброз дошта буд, дуруст аст, ки Њукумати Тољикис-тон Маркази зилзиласанљии Раштро ба њисоби Вазорати корњои дохилї ворид карда-аст, аммо масъалаи то 1 апрел кўчонидани сокинонаш асос надорад.

-Воќеан, ин масъала љой дорад, вале кадом муњлате бо-яд сокинони ин марказ ман-зилњои худро тарк кунанд, маълум нест ва аз љониби ВКД њам ба сокинони он љо чунин даъвое њам нашудааст,-афзуд

Муродулло Шафиев.Сокинони мавзеи маркази

зилзиласанљї мегўянд, ки онњо наздики 20 оилаанд ва њама соњиби фарзанду набера мебо-шанд. Њамчунин, баъзе аз со-кинони ин мавзеъ мутахасси-сони Маркази зилзиласанљии ноњияи Рашт буда, собиќаи ко-риашон дар ин марказ ќариб 50 солро ташкил мекунад.

Айни замон маркази ном-

бурда дар ихтиёри Институти геология ќарор дорад. Мудири он Юнус Мамадљонов иброз дошт, ки намояндагони ин марказ ба Академияи илмњо омада буданд. Мо кўшиш до-рем, ки сокинони дар мавзеи маркази зилзиласанљї чойдо-шта, дар кўча намонда, соњиби ќитъаи замин шаванд.

Мушкилоти сокинони ин мавзеъ то кадом андоза роњи

њалли худро ёфтааст?Барои посух гирифтан ба ин

суол мо ба раиси ноњияи Рашт Сайидумрон Абдурањмонов њамсуњбат шудем.

-Њар масъала мушкил роњи њалли худро дорад. Лекин ња-станд нафароне, ки сабрро пе-ша накарда, аз пашша фил ме-созанд. Дар њаќиќат масъалаи кўчонидани сокинони маркази зилзиласанљї ба миён омада буд. Мо онро њал кардем,-гуфт ў.

Раис тавсия дод, ки вобаста ба ин мавзуъ бењтараш бо сар-дори шуъбаи њифзи иљтимоии ањолии ноњия Темур Ќурбонов њамсуњбат шавед.

-Баъди ба миён омадани кўчонидани сокинони мавзеи маркази зилзиласанљї мо бо-яд 45 оиларо ба љойњои дигар мекўчонидем ва ба онњо ма-блаѓи муайян дода, ба ноњи-яњои Панљу Ќумсангир гусел мекардем. Чанд нафари дига-ре, ки даъвои кўчидану замин-гирї мекунанд, онњо ба рўйха-ти мо ворид намешаванд,-гуфт Темур Ќурбонов. Ба њамаи ин нигоњ накарда, вобаста ба им-кониятњои мављуда ба оилањои серфарзанд, омўзгорон, маъ-юбон барои гирифтани замин ёрии худро дареѓ намедорем,- гуфт дар охир раиси ноњияи Рашт С. Абдурањмонов.

Зилзиласанљњо мекўчанд

занони Рашт аз чї норозиянд?

Тољике худро аз ошёнаи се ба замин партофт

Маќомоти корњои дохи-лии шањри Екатеринбург њолатњои кўшиши фиро-ри шањрванди Тољикистон аз бинои шуъбаи пулиси №5-ро тањќиќ мекунад. Дар ин бора хабаргузории «REGNUM» бо истинод ба маълумоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Свер-дловск хабар додааст.

Бино ба иттилои хабаргузорї, ба ин бино шањрванди 35-солаи Тољикистон дар доираи баргузор намудани чорањои фаврї-љу-стуљўйї барои бозпурсї оварда шудаааст. Дар роњрави ошёнаи 3-юми бино ногањон ба назди тиреза давида, худро аз он ба бе-рун меафканад. Бино ба итти-лои «АиФ-Урал» пас аз љањиш аз рўйи аломатњои зоњирї маълум шудааст, ки шањрванди Тољи-кистон чандон осебе надидааст, вале ба њар њол, мошинаи ёрии таъљилии тиббї даъват шуда, ўро барои муоина ба бемористон бурдаанд. Айни замон аз рўйи ин далел маќомоти интизомї санљиш мегузаронанд.

Мудири маориф Шабафрўзро

тањќир кардаастХабарнигори газетаи

шањрии «Набзи Ќўрѓонтеп-па» Ашўргул Солењова аз болои сардори раёсати ма-орифи вилояти Хатлон Хо-налї Ќурбонзода ба раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмањмадов шикоят бурд.

Ба гуфтаи Ашўргул Солењо-ва, сардори раёсати маорифи вилоят чандин маротиба њан-гоми иљрои вазифањои хиз-матиаш ўро мавриди тањќир ќарор додааст. «Ахиран ў маро дар маљлиси тантанавї бахши-да ба «Занги камолот» дар лит-сейи «Ориёно» ва ќаблан дар худи раёсат тањќир карда гуфта буд, ки ба афту андомат нигоњ карда пай бурдан мумкин аст, ки ту рўзноманигорї. Ман мо-дари се фарзанд буда, либоси одї ба бар мекунам, зеро мао-шам имкон намедињад, ки са-рулибоси гаронбањо бихарам», - мегўяд Солењова. Ба ќавли ў, агар раиси вилоят Давлатшо Гулмањмадов чорањои дахлдор наандешад, ба маќомоти дигар шикоят хоњад кард. Ашўргул Солењова бо тахаллуси ада-бии Шабафрўз муаллифи се маљмўаи ашъор – «Гули бо-дом», «Ќисмати миллатам» ва «Пайѓоми Хуросон» аст. Со-ли 2013 ў аз љониби Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњии назди њукумати ЉТ ба унвони бењтарин ходими адабї сазовор дониста шуд.

Масъули сањифа Иззатбек Идиев. Мо интизори мавод ва пешнињодоти шумоем! E-mail: [email protected] • Шўъбаи реклама: [email protected] • Тел: (44) 601-35-95Масъули сањифа Иззатбек Идиев. Мо интизори мавод ва пешнињодоти шумоем! E-mail: [email protected] • Шуъбаи реклама: [email protected] • Тел: (44) 601-35-95

Суди ноњияи Исмоили Сомонї Назарбибї Шера-лиеваро барои сабти ном кардани 5 набера њамчун фарзандони худ ва бо ин минвол соњиби нафаќа шу-дан, бо амали ќаллобї ља-зо таъйин кард.

Мегўянд, ки фарзанд до-на набера маѓзи дона. Дар њаќиќат набера дўстрўю ши-рин аст. Магар њамин муњаб-бати беандоза ба набера буд, ки кампири Назарбибї ба роњи хато рафт? Завќи кампир -На-

зирбибї Шерали-ева барои пеш аз муњлат баромадан ба нафаќа боло гирифту шањодат-номаи таваллуди

наберааш Мунираро ба љойи ному насаби модари кўдак Шералиева Заррина, номи ху-даш «Шералиева Назирбибї» сабт намуда, бо шањодатномаи сохта њамчун модари панљ фа-рзанд ба Раёсати агентии суѓуртаи давлатии иљтимої ва нафаќаи ноњияи Исмоили Сомонї барои таъйин намуда-ни нафаќа пешнињод кард. Аз байн моњњою солњо гузаштанду одамони кунљкоб сирри кам-пирро ошкор карданд. Кор то ба даргоњи суд расид.

Суди ноњияи Исмоили Со-монии пойтахт барои бо роњи ќаллобї беш аз дувуним сол соњиби нафаќа шудан Назар-бибї Шералиеваро дар шакли љарима ба миќдори 14њазору 600 сомонї љарима баст.

Тавре ки аз Суди ноњияи

Исмоили Сомонї хабар до-данд, дар мурофиаи судї На-зарбибї ќоил шуд, ки Раёса-ти агентии суѓуртаи давлатии иљтимої ва нафаќаи ноњия њуљљатњои ўро тасдиќ карда, барои вай нафаќа таъйин кар-даанд. Бо ин «васила» аз 30 июли соли 2010 то 1 уми фев-рали соли 2013 ѓайриќонунї њар моњ нафаќа гирифтааст, ки љамъи онњо 5 њазору 968 сомонию 97 дирамро ташкил медињад.

Суди ноњияи Сомонї На-зарбибї Шералиеваро бо моддањои 340 ќисми 2 «огоњ накардани маќомоти аз амали ѓайриќонунї ва бо моддаи 247 ќисми 1 «ќаллобї» гунањкор донист, ки дар асоси ин мод-дањои -и ќонун љазоњои ал-тернативї дар намуди љарима

ва ё мањрум сохтан аз озодї пешбинї кардааст. Кампири «доно» то баромадани њукми суд зарари моддии расонида-ашро барќарор кард, вагарна ўро паси панљараи мањбас ин-тизор буд.

Суд бо назардошти моддаи 247ќисми 2, агар гунањгор то содир шудани њукми суд за-рари моддиро барќарор ку-над, нисбати ў љазои љарима таъйин карда мешавад, На-зарбибиро ба андозаи сесаду шасту панљ нишондињанда ё худ баробар ба 14600 сомонї љазо таъйин кард. Кампир са-брро пеша кунад, баъди чанд соли дигар ба синни нафаќаи њаќиќї мерасад ва ў нафаќаи ќонунии худро хоњад гирифт.

Иззатбеки ИдИзод, «Тољикистон»

Асрори кампири нафаќадузд

Page 9: Точикистон №24

№ 24 (1066) 12 июни соли 2014 ТољикисТонљомеа 9

Рањматулло аввалњои моњи марти соли 2008 ба-рои аёдати шиноси «муш-килкушояш» Файзулло Ѓиёсов, ки ўро бо тахал-лусњои «бобои Файз» ё «Файзи риш» бештар ме-шиносанд, ба беморхонаи марказии ноњияи Њама-донї омад.

Њангоми суњбат бобои Файз аз вазнинии шароити зисташ ва норасоии маблаѓ барои харидани доруворї шикоят карда, мегўяд, ки каме маво-ди нашъадори навъи «афюн» дораду онро «пул кардан дар-кор».

Рањматулло «бор»-ро аз бобои Файз гирифта, онро ба ду ќисм таќсим мекунад ва як ќисмашро дар аѓбаи Шар-Шар пинњон намуда, кисми дигарашро ба фурўш меба-рорад. Аммо кораш омад на-карда, аз тарафи кормандони

њифзи њуќуќ дастгир мешавад. Барои ин амалаш бо њукми суди ноњияи Восеъ аз 14 но-ябри соли 2008 ба муњлати 8 сол аз озодї мањрум мегардад ва љазоро дар колоннияи ис-лоњии низомаш пурзўр паси сар карда, пеш аз муњлат ба озодї мебарояд. Аммо «дили одат карда балои љон» гуф-тагї барин Рањматулло ба маводи мухаддири пинњон кардааш дилкашолї дошт. Рўзи 12 феврали соли 2014 барои дарёфти ќисми дуюми “бор”, воќеъ дар минтаќаи аѓбаи “Шар-шар”, ба роњ ба-ромад ва 1976 грамм афюни бобои Файзро кофта гирифта, ба шањри Душанбе овард ва хост харидор ёфта, онро фурў-шад. Худи њамон рўз ба кўчаи Дењотї-1/4, омада, то ёфтани харидор дар ин љо “бор”-ашро пињон намуд.

Вале њангоми гузаронида-ни амалиёти фаврї-љустуљўйї

аз тарафи кормандони Хада-моти гумруки назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, бо гу-мони даст доштан дар хариду фурўши воситањои нашъадор дастгир карда шуда, њангоми кофтукови мошини дар хиз-мати ў буда, аз таги нишаст-гоњи пеши пањлўи ронанда ду бастаи селофанї “бор”-и Рањ-матуллоро ёфтанд ва ин дафъа низ бобои Файзу Рањматулло ба маќсад нарасиданд.

Суди ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе Рањматулло Худойбердиевро бо моддаи 200, ќисми 3-и Кодекси љино-ятии Љумњурии Тољикистон гунањгор дониста, ўро 10 сол равонаи зиндон кард. Акнун ѓами ўро бобои Файз мехўрда бошад?

С.ТУРАЕВ, судяи суди ноњияи

Фирдавсии шањри Душанбе,Г.МУњиТоВА,

котиби маљлиси судї

Афюни бобои ФайзРањматуллоро боз мањбус кард

Конститутсия ба сифа-ти Ќонуни олї заминањои њуќуќии пешрафти љомеаро аз тариќи ќабули ќонунњои нав гузошта, муносибатњои љамъиятии мухталифро тањти танзим ќарор дода, асосњои њуќуќии рушду та-комули минбаъдаи чунин муносибатњоро фароњам меорад.

Аз қабули Кониститутсия (Сарқонун)-и Ҷумњурии Тољи-кистон ќариб 20 сол сипарӣ гардид ва ҷумҳурӣ ҳамасола 6 ноябрро ҳамчун Рӯзи Консти-тутсия (Сарқонун)-и кишвар љашн мегиред, зеро Конститу-тсия ин њуљљати олие мебошад, ки он сохти идоракунии давла-тиро дар чањорчубаи муайяни ќонунњо тарњрезӣ намудааст. Яъне бо тарзи дигар гӯем Кон-ститутсия (Сарқонун) њуљљати таќдирсоз аст, ки манфиатњои њамаи рукнњои љомеаро дар бар мегирад.

Конститутсия ба си-фати Ќонуни асосӣ барои Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо падидаи нав нест, чунки дар замони Шўравӣ мо соҳиби кониститутсияҳои умумихалқӣ будем ва ҳар яки онҳо афкору воқеияти замони худро инъи-кос мекарданд. Худи мафҳум ва ё истилоҳи «Кониститутсия» ин «барқарор мекунам», «таъ-сис медиҳам»-и ҳокимиятро маънидод мекунад. Аммо ба сифати Қонуни асосии давлат аз маҳдуд сохтани ҳокимияти беҳадди давлат, таҳкимбахши ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, аз замони ба миён омадани муносибатҳои сармоядорӣ ба вуҷуд омад. Конститутсия ин Қонуни Олии кишвар ба ҳисоб меравад ва онро му-ассисоте, ки дар чаҳорчӯбаи меъёру муқаррароти он таъсис ёфтаанд, наметавонад тағйир диҳанд. Тағйири Конститут-сия бо роҳи хоса ва танҳо бо раъйӣ аксари шаҳрвандон ба роҳ монда мешавад. Бояд зикр намуд, ки давлатҳо дар ҷаҳон аз ҷиҳати шакл, сохт ва идоракунӣ гуногун мебо-шанд ва ҳар яки онҳо хусу-сияту вижагиҳои нотакрори иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, фарҳангиву таърихӣ, диниву мазҳабиро доро мебо-шанд ва ҳар як давлат вобаста ба шароити худ қонуни асо-сиашро таҳия ва қабул меку-над. Ҳанўз, дар тули беш аз 70 соли Ҳукумати Шўравӣ, Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистӣ соҳиби Конститутсияи худ буд ва он дар доираи Конститутсияи Давлати Шўравии Сотсиали-стии Умумииттифоқ амал ме-кард.

Ҳар боре, ки дар Конститу-тсияи умумииттифоқ тағйиру иловаҳо ворид карда мешуд,

дар дигар ҷумҳуриҳо низ бе каму кост тағйиротҳо ворид мегардид, ки аксар вақт баъ-зе хусусиятҳои ҷумҳуриҳои миллӣ нодида мемонд. Вале, баъд аз пош хўрдани Давлати Шўравӣ ҳар як ҷумҳурии он ба таҳия ва қабули сарқонунаш пардохт. Мутаассифона, дар кишвари мо ҷангҳои шаҳрвандӣ оғоз гардид ва лоиҳае, ки аз тарафи комис-сияи босалоҳияти онвақта таҳия шуда буд, ба раъйпурсии умумихалқӣ ва қабули он нара-сид. Баъди барқарор шудани сохти конститутсионӣ масъа-лаи таҳия ва қабули Сарқонун аз ҷониби Сардори давлати тоҷикон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Ин ҷо як сухани Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар мешавам, ки чунин баён карда буд: «Имрӯз вақти он расидааст, ки мо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ аз сухан ба амал гузарем. Бинобар ин, ман ҳамчун Сардори давлат изҳор менамоям, ки асоси эҷоди ин навъ давлатро Сарқонуни нави ҷумҳурӣ мегузорад». Бо назар-дошти зарурати таҳияи лоиҳаи нави Қонуни асосии нав моҳи ноябри соли 1993 гурӯҳи корӣ, оид ба таҳияи лоиҳаи Кон-ститутсия аз ҳисоби олимони ботаҷрибаи соҳаҳои гуногуни илм, донишмандони таъри-ху фарҳанг, пешвоёни дину мазҳабҳои миллатҳо ва халқҳои Тоҷикистон дохил гардиданд. Бо пешниҳоди Сардори давлат Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бояд эътироф мешуд ва онро Сарқонуни кишвар тасдиқ мекард ва хушбахтона, ин аҳкомҳои давлати тозабунёд дар моддаи 1- и Сарқонун дарҷ ёфтаанд.

Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 но-ябри соли 1994 дар раъйпур-сии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Имрўз мо зери ливои кишвари соњибистиќлол ва Сарќонуни худ тавонистем, дар як муддати кўтоњ кишва-ри љангзадаро ба як кишвари осоишта ва пешрафта табдил дињем, ки сокинони он барои ояндаи бењтар љањду љадал кунанд. Таърих гувоњ аст, ки њамагуна созандагї оќибат ба рушди љомеаи хушбахт овар-да мерасонад ва инро мо дар мисоли кишвари худ дида ме-тавонем.

Шарафљон Нарзуллозодаи НУСРАТ,

судяи Суди њарбии гарнизони Душанбе,

полковники адлия

Созандагї мазмуни Сарќонуни мост

Хариду фурўши одамон, аз љумла бо маќсадњои шањ-вонї ва танфурўшиву фоњи-шагї, љалб намудани љавон-занњои гумроњ шуда ва бо ваъдањои дарёфти даромади барзиёд дар хориљи кишвар, аз љумла шањри Дубайи Аморати Муттањидаи Араб, интиќол додани љавондух-тарони сокинони вилояти Суѓд аз амалњое буданд, ки шањрванди 32 сола И.Э, со-кини ноњияи Конибодом, маъруф бо тахаллуси Раъно, тўли чанд ваќт машѓул буд. (алњол ном пинњон дошта мешавад)

Ин нафар муддате чанд бо сайди љавондухтарон машѓул шуда, бо онњо шиносои пайдо намуда, бо ваъдањои зиёд, ки гўё дар хориља кори хуб дорад, наќшањои худро амалї мекард.

Пас аз шиносої ва ба домаш афтодани онњо, ќурбониёнро ба шањри Дубай равона мекард. Ў ваъда њам медод, ки аз њисоби худ њамаи њуљљатњои лозимї ва њатто чиптаи њавопайморо низ харидорї мекунад ва дар њаќиќат ин корњоро ба анљом мерасонид. Вале њангоми ба љойи ваъдагї ё аниќтар љойи “кор” расонидани ќурбониён, ў аллакай шартњои худро мегу-зошт. Дар ин вазъ љавонзанњои роњгумзада дур аз Ватан, дар танњоиву бењуќуќї, гирифтори истисмори шањвонї мешуданд ва танфурушиву фоњишагї шуѓ-ли доимии онњо мегардид.

Ин “далла” тўли чанд муд-дат якљо бо њаммаслакони дар шањри Дубай будаи худ, дар худуди вилояти Суѓд, хоса-тан маркази он, шањри Хуљанд бањри дарёфти љавондухтаро-ни дар хориљи кишвар њаваси кор доштаро, мељўст ва пайдо њам мекард. Вале ин амали ў дер давом накард. Чанде пеш ў аз тарафи кормандони милисаи вилояти Суѓд дастгир шуд.

То ин ваќт чандин љавон-занњои роњгумзадаро ба шањри Дубайи АМА интиќол додааст. Ба доми ў 5 нафар љавонзанњои аз 20 то 30 солаи шањру ноњи-яњои Хуљанд, Истарашан, Ќай-роќкум, Панљакент ва Бобољон Ѓафуров афтодаанд. Онњо ба марказњои дилхушї, фоњиша-хонањо ва дигар нуктањои тан-фурўшї таќсимот мешуданд.

Тавре аз суханони љабрди-дагон бармеояд, аксари онњо аз асли воќеа воќиф набудаанд ва ба “љойи кор”-и ваъда шуда, на аз Хуљанду Душанбе, балки аз Маскав равона мешуданд. Пеш аз сафар “аванс” њам мегириф-танд. Як нафар аз ин занон пеш аз сафар ба Дубай, њамчун иљо-ранишин, тўли чанд ваќт дар њуљраи манзили зисти “роњба-лад”, зистааст. Нафари дигаре иброз медорад, ки чанде пеш њангоми ба Хуљанд бозгашта-наш дар кўча бо И.Эз и “далла” вохўрдааст. Ў хоњиш кардааст, ки ба хотири фарзанди ноболиѓ доштанаш аз болояш аризаи шикояти нанависад... ва ин зан бар ивази маблаѓи ночиз, розї

њам шудааст. ..Чуниняк амали нопоки Н.Ѓ-

сокини 45 солаи шањри Хучанд, ки 12 сол инљониб ба шањри Дубай рафтуо дорад, низ чанде пеш фош шуд. (аз овардани ном худдорї мекунем )

Ў мехост ду нафар сокини Хуљандро, ки бори аввал барои “кор” мерафтанд, ба шањри Ду-бай њамроњи худ барад. Вале аз љониби кормандони милиса ин њолат низ пешгирї карда шуд. Тавре як тан аз он љавондухта-рон иброз дошт, “роњбалад” ба онњо дар Дубай ваъдаи коррро додааст ва бо ин маќсад шинос-номаи хориљиро њам гирифта додааст. Феълан аз рўйи њар ду далел аз тарафи прокуратураи вилояти Суѓд парванда боз гар-дида, тафтишот идома дорад.

Бо далели ќочоќи занон барои танфурўшї ба Дубай ва Туркия моњи феврали соли ра-вон суди шањри Хуљанд нисба-ти се зан- аъзоёни шабакањои људога, хукми њабс бароварда буд. Ин дар њолест, ки танњо аз тирамоњи соли 2012 то аввали соли 2014 суди Хуљанд њадди аќал 6 сокини Суѓдро, чун аъзои шабакањои љалбу ќочоќи занон барои танфурўшї аз Тољикис-тон ба хориљ ба зиндон фири-стодааст.

Аммо њељ не, ки бозори “дал-лањои” хуљандї касод шавад. Боз кадом “мурѓ” ба дами ин “даллањо” меафтода бошад?

Абдуањад ДАДобоЕВ, “Тољикистон”, Хуљанд

Даллањои хуљандїто кай «мурѓон»-и суѓдиро шикор

мекунанд?

Page 10: Точикистон №24

№ 24 (1066) 12 июни соли 2014ТољикисТон минбари бањс10

Чандест, ки дар байни до-ирањои мухталифи љомеа, матбуоти даврї, шабакањои иљтимої ва дигар васоити ахбори умум оид ба кору пайкори файласуф ва шо-ири тољик Комил Бекзода, мањфили илмї - фалсафии «Љањони андеша» ва китоби «Љањонбинии оянда (љањон-бинии алтернативї)» бањсу мунозирањо идома доранд.

Аммо навад дарсади ин бањсњо на афкори илмию соза-нда, балки ѓаразноку хусумато-мез, таассубноку фитнаљўёна, ифротию тањќиркорона нис-бати шахсият ва мањвкунандаи илму дониш мебошанд. Чунки бештари афроде, ки оид ба ин мавзўъ андешаи худро иброз намудаанд, суханонашонро бо далелњои илмї таќвият надода-анд. Ин ашхос на аз рўйи аќлу мантиќ ва илму дониш, балки аз рўйи диду шунид, эњсосу таассуб ва эътиќоду парастиш сухан на-муда, нисбат ба мавзўи бањс би-ниши яктарафро касб кардаанд. Онњо баръакси ќонуну ќоидањои бањс ба моњияти љавњарии мавзўъ аз даричаи танги дину мазњаб, хурофоту таассуб, ислому калом ва оятњои Ќуръон нигариста, ба он аз рўйи ќолабњои консерва-тивию схоластикї ва догмати-кии исломї бањо додаанд. Њар љо суханони худро бо афсонаю ривоёт ва оёту ањодисе, ки аслан ба ягон соњаи мушаххаси илм та-аллуќ надоранд, таќвият дода, наќши бунёдкорию созандагї ва прогрессию локомотивии илмро ё фаромўш кардаанд ва ё нодида гирифтаанд.

Бисёре аз муќарризон ё аз навиштаљоти устод Бекзода бе-хабаранд, ё дар бораи мањфили «Љањони андеша» чизеро на-медонанд ва ё китоби «Љањон-бинии оянда (љањонбинии ал-тернативї)» - ро нахондаанд. Онњо њангоми баёни фикри худ на далоили илмиро пеш овар-даанд, балки аз мавзўи аслии бањс хеле дур рафта, Бекзода ва њамандешонашро ба шаккокию бехудої ва мулњит муттањам на-муда, нисбат ба шахсияти онњо бадтарин тањќиру дашномњоро раво дидаанд. Ин тоифаи муќар-ризон бехабар аз он ки дар љоме-аи демократию дунявї њар ин-сон њуќуќ дорад, оид ба ин ё он масъала фикру андешаи худро иброз намояд. Барои ин ќабил инсонњои ифротию мутаассиб ва хурофотию бегонапараст пеш аз оне, ки ба сари мавзўи бањс оем, аввалан шахсияти устод Бекзо-даро мешиносонем:

Комил Бекзода кист?

Комил Бекзода аз зумраи файласуфон, шарќшиносон

ва шоирони шуњратёри тољик буда, 6 январи соли 1945 дар оилаи руњонї ва донандаи ху-би ислому Ќуръон, дар яке аз дењањои дурдасти Тољикистон ба дунё омадааст. Вай баъд аз хатми мактаби миёнаи зодгоњ ба шањри Душанбе омада, ба факултети таъриху филология (шуъбаи забони арабї)-и Уни-верситети давлатии Тољикис-тон ба номи В.И. Ленин (њоло ДМТ) шомил гардидааст. До-ниш ва мањорати хуби Комилро ба эътибор гирифта, ўро барои идомаи тањсил ва аз бар намуда-ни нозукињои забони арабї ба Донишгоњи ал- Азњари Ќоњира (Миср) сафарбар менамоянд. Бекзода бонуфўзтарин дониш-гоњи љањони исломро ба итмом расонида, пас аз баргаштан ба ватан то имрўз дар Пажуњиш-гоњи фалсафаи АИ ЉТ ба фаъо-лияти илмию тадќиќотї ма-шѓул гардидааст. Вай донандаи хуби забони арабї буда, тўли 13 сол дар кишварњои мухталифи арабзабон – Љумњурии арабии Яман, Љумњурии демократии Яман ва Љумњурии Мисри Араб ба њайси тарљумон фаъолият на-мудааст. Њангоми фаъолият на-кўкориву инсондўстї ва рафто-ру кирдори њамидаи Комилро ба инобат гирифта, ўро ба вазифаи Сафири фавќулода ва мухтори ИЉШС дар Љумњурии арабии Яман пешнињод менамоянд, вале Бекзода ин вазифаи масъ-улиятноки баландпояи дипло-матиро ќабул намекунад. Зеро барои ў инсон ва зиндагии вай муњим аст, на мансабу вазифа. Њамвора устод Бекзода ба кори илмї - тадќиќотї рўй оварда, соли 1988 рисолаи номзадии худро дар мавзўи «Муњаммади Шањристонї-муаррихи фалса-фа» дифоъ менамояд ва барои хизматњояш дар таълиму тарби-яи донишљўёну мутахассисони соњибунвон унвони илмї - ака-демии дотсентро ба даст меорад.

Устод Бекзода дар заминаи омўзишу пажуњиши чандинсо-лаи таърихи фалсафа ва раван-дњои муосири фалсафии Шарќу Ѓарб китобњои «Муњаммади Шањристонї - муаррихи фал-сафа» (бо забони русї, 1986), «Пайѓамбарони фарњанги мо» (љилди аввал, 2000), «Гурез аз Хайём» (2002), «Бозгашти Љамшед: «Мубоњисаи марг бо зиндагї» (2004), «Аз таърихи худшиносии тољикон» (2006), «Таърихи равшанфикрї аз дав-рони Љамшед то замони Фир-давсї (2012) ва ѓайраро таълиф намудааст. Илова бар ин, ў бо рўзномаю маљаллањои гуногуни љумњурї робитаи илмию адабї дошта, тавассути онњо беш аз 200 маќолањои илмї ва илмї - оммавї ба нашр расонидааст. Мањфили «Љањони андеша» низ натиљаи љањду талошњои Устод

буда, он метавонад љавонони илмдўсту љўёи роњи донишу маърифатро ба роњи дуруст њи-доят намояд ва ба онњо роњњои инсондўстию эњтиром ба зин-дагии воќеии инсонро нишон дињад.

Мањфили илмї - фалсафии «Љањони

андеша»Агар дар љамъият идеологияи

ягона њукмфармо бошад, он ља-мъият њељ гоњ ба пеш намеравад, чунки идеяи ягона одамонро ба парокандагї мебарад. Чунки идеологияи ягона ба манфиати як синф, як табаќа ва як гурўњи хурди одамон хизмат карда, манфиатњои њамонњоро њимоя менамояду халос. Масалан, аз таърихи пайдоиши динњои олам маълум аст, ки дар нимљазираи Арабистон њар як ќабила дин ва пайѓамбари мустаќили худро дошт. Баъд аз ба вуљуд омадани дини Ислом њамин гуна ќудрат ва бартариятро ќабилаи Ќу-райш ба даст овард. Вале баъд аз вафоти Расули Акрам (с) ин дин дигар тавони дифои манфиати ќабилаи Ќурайшро надошта, пора-пора гардид ва ба 72 мазњабу фирќа ва шохаву равия таќсим шуд. Аз њамон лањзањои њассоси таърихї ривоятбофию афсонагўйї, љангљўйиву ман-фиатхоњї ва љињодравию одам-кўшї дар байни ќабилањои араб (дар мисоли сулолањои Умма-виён ва Аббосиён) ба ављи аъло расид. Дар моварои таърих - аз рўзи зуњури ин дин то ба имрўз бар асари мухолифати мазњабии мусулмонон њазорон - њазор сар ба бод рафта, њазорон љўйи хун рехта шудааст. Дигар он ибо-раи машњури «Мўъмин баро-дари мўъмин» танњо дар забо-ни фитнаљўёну ѓанимахоњон мондабуду халос. Хоља Њофизи бузургвор бошад, мањз њамин њолатро ба таври њаќиќї ва хеле љасурона ба риштаи назм кашидааст:

Љанги њафтоду ду миллат њамаро узр бинењ,

Чу надиданд њаќиќат рањи афсона заданд.

Бисёре аз соњибназарони ара-бпарастону бунёдгарои имрўзаи љомеаи тољикистонї аслу насаб ва тамаддуну фарњанги волои форсу тољикро аз зуњури дини араб медонанд. Вале бисёре аз сарчашмањои дохиливу хо-риљї замони зиндагии наху-стпайѓамбар ва нахустшоири халќњои ориёї - Зардуштро ба асрњои 21 - 18 то мелод, баро-бар ба давраи ислоњоти динњои маздаясної медонанд. Барои ин гурўњи инсонњо илму фарњанг ва маданияти пешазисломии тољик, њељ арзише надорад. Ба-рои мисол, яке аз руњониёни тољик Њољї Акбар Тураљонзо-

да ќадимтарин љашни љањонї ва машњуртарин љашни миллии моро инкор намуда, мехоњад ба љояш ким - кадом як иди биё-бониро оварда, Тољикистонро ба харобазор табдил намояд. Магар намояндагони Маљмааи генералии СММ ва кормандо-ни ЮНЭСКО баробари устод Тураљонзода илму дониш на-доранд, ки ба фарњанги аљдо-дии тољикон арљ мегузоранду имрўзиёни ин миллат бошанд, ба хотири манфиатњои шахсию гурўњї онро инкор мекунанд. Дар њамин њолат шоири ва-тандўсту фарњангпарвари мо - Фирдавсии Тўсї мањз барои њамин ќабил инсонњо фармуда, ки:

Чу ваќте араб бар аљам чира шуд,

Њама рўзи эрониён тира шуд.

Дар бораи китобсўзиву ѓо-ратгарии арабњои камсаводу бе-фарњанг энсиклопедисти ном-вари тољик Абурайњони Берунї менависад: «Арабњо њангоми њуљум ба Хуросону Мовароун-нањр чунон китобњои бешумо-реро сўзонданд, ки солњост аз руди оби Љайњун бўйи китоби сўхта меояд» (нигаред ба кито-би «Осор-ул-боќия» - и А. Бе-рунї). Арабњо ваќте ба ин сарза-мин њамла оварданд, аз шукўњу шањомати сулолаи Сосонї ва соњибфарњангиву соњибта-маддунии миллати форс њасад мебурданд ва њатто Муњаммад (с) дар њадисе мефармояд, ки: «Агар илмро дар Сурайё овех-тандї онро мардоне аз Форс биовехтандї». Барои оќои Ту-раљонзода ва муридони эшон гуфтанием, ки Шумо сухано-ни алломањое чун Фирдавсї ва Беруниро ќабул надоред, лекин он гуфтаи Пайѓамбарро низ ин-кор мекунед?. Акнун хонандаи азиз худ мантиќи суханро пай-до намо: поягузори дини ислом Расули Худо (с) ба илму дони-ши мардуми форс эњтироми хосса дораду пайравони ў, ки њамаашон зодагони ин миллат њастанд, онро на ин ки ноди-да мегиранд, балки инкор њам мекунанд.

Хушбахтона, дар замони му-осир бо пешрафти илму техника ва фарњангу маърифат падидаи бисёр хубе ба вуљуд омад, ки инсонњо озодона афкору наза-ри худро баён менамояд. Яке аз чунин шахсиятњои фаромиллї файласуф ва шарќшинос, усто-ди гиромиќадр Комил Бекзода мебошад.

Мањз бо ташаббуси бевоси-таи устод Бекзода моњи октя-бри соли 1993 дар назди Па-жуњишгоњи фалсафаи ба номи А.М. Бањоваддинови АИ ЉТ мањфили фалсафї - фарњан-гии «Љањони андеша» таъсис дода шуд. Ин мањфили илмї

ё «Мактаби фалсафии Бекзо-да» аз соли таъсисёбї то имрўз тавонист, ки дари илму хирад, фарњангу маърифат ва озоди-хоњию рўшанфикриро ба рўйи дањњо љавонони соњибзавќу илмдўсти тољикистонї боз на-мояд. Вале дар тамоми љомеањо омма инсонњои озодандешу равшанфикрро њељ гоњ чашми дидан надорад, зеро барои тўда эътиќоду афсона ва ќиссаву ривояти бедалел муњим аст, на фикру андеша ва ё илму фалса-фа. Чунки дар ривояту афсона сухани умумию бедалел исти-фода мешавад ва он барои кул-ли инсонњо фањмо мебошад. Аммо сухан дар бораи ин ва ё он масъалаи илмї равад, онро танњо мутахассис ва олим фањ-мида метавонад. Бинобар ин, аксари мардум нисбат ба илму дониш бештар ба дину мазњаб бовар доранд. Лекин рисолати олим дар љомеа аз он иборат аст, ки њаќиќати илмиро ба мардум расонад ва инсонњоро аз каш-фиёту дастовардњои замонаш хабардор намояд. Мањз њамин гуна иќдоми наљибро устод Бекзода бо як зумра љавонони рўшанфикру донишманд пеш гирифт, то ки як зарра њам бо-шад ба манфиати давлату мил-лати тўли таърих љафодидаи тољик хизмат намояд.

Њамин тариќ, мањфили ил-мї - фалсафии «Љањони анде-ша» моњи феврали соли 2012 ба таври расмї баста шуд. Ин мањфил дар давоми умри кутоњи худ барои инкишофу пешрафти фалсафаи муосири тољик хеле хизмати босазо намуд. Файла-суфоне чун Њафиз Холиќзода, Ёрмуњаммад Ниёзї, Нозим Нурзода, Шодї Атої, Исомуд-дин Шарифзода, Нуриддин Шањобуддин, Оќилшо Хиро-монов, Усмон Камолиён, Фир-давс Ниёзї, Фирдавс Њаитов, Убайдулло Рањматов, Латиф Латифов, Илњом Ќурбоншоев, Мустафо Ќаландаров ва дига-рон ё дастпарварони ин мањфи-ланд ва ё аз боѓи ин мањфили фалсафї мевањои шањдборе ча-шидаанд, ки њар яки онњо халои аќлонию зењнии фалсафаи му-осири тољикро пур менамоянд.

Номвар ЌУРБОНОВ,корманди Маркази равандњои

муосир ва оянданигарии илмии АИ ЉТ

(Давом дорад)

P.S. Комил бекзода олими файласуф бинобар му-лоњизањои синнусолӣ ва ба ибо-рае, барои обод кардани хонаи падарӣ ба Ватанаш - љамоати Водхуди ноњияи Ванљ барои су-кунати доимӣ рафт. Ў инро ба 70-солагии худ рабт дод ва ба истилоње адои ќарзи фарзандии худ унвон кард.

Фарзанди замонему надонем замон чист (Љавоб ба нафароне, ки љањонбинии илмї - фалсафиро инкор намуда, моњияти

китоби «Љањонбинии оянда (љањонбинии алтернативї)» - ро нафањмиданд)

Page 11: Точикистон №24

№ 24 (1066) 12 июни соли 2014 ТољикисТон 11мавлуднома

12 июнотаљон Ќурбонов (1914-1991), 100- солагии зодрўзи

олими соњаи математика. дилбарнисо нурматова (1939), 75- солагии зодрўзи

пахтакор, Ќањрамони Мењнати Сотсиалистї. майя сайфиддинова (1939), 75- солагии зодрўзи жур-

налист.

Њабибулло солиев (1944-2005), 70- солагии зодрўзи забоншинос.

13 июнниколай дорукалов (1929), 85- солагии зодрўзи олими

соњаи кишоварзї.Зафар искандаров (1954), 60- солагии зодрўзи олими

соњаи физика.

мављинисо муЊаммадова (1964), 50- солагии зо-дрўзи олимаи соњаи тиб.

14 июн абдумаљид Шарифов (1954), 60- солагии зодрўзи олими

соњаи иќтисод.владимир салоухин (1924-1996),90- солагии зодрўзи

шоири рус, мутарљими осори адибони классик ва муосири тољик.

15 июнЗулфия атої (1954), 60- солагии зодрўзи Шоираи халќии

Тољикистон.

аЊмадљон додољонов (1919-1990), 95- солагии зодрўзи муаррих.

уктамљон воЊидов (1949-2008), 65-солагии зодрўзи доктори илми иќтисод, профессор.

аШўр ЃоЗиев (1949), 65- солагии зодрўзи олими соњаи кишоварзї.

Њасан Ќурбонов (1929),85- солагии зодрўзи пахтакор, Ќањрамони Мењнати Сотсиалистї.

абдулло маЊмадЗиёев (1939), 75- солагии зодрўзи олими соњаи биология.

Ѓоиб мирЗоев (1944), 70- солагии зодрўзи забоншинос. Заъфарони муЊаббат (1954), 60- солагии зодрўзи жур-

налист.муаЗЗама ниёЗмуЊаммадова (1939), 75- солагии

зодрўзи олимаи соњаи тиб.

16 июнниколай тимофеев (1939), 75- солагии зодрўзи олими

соњаи техника (кишоварзї).

Зикрулло холов (1914-1991), 100- солагии зодрўзи пах-такор, Ќањрамони Мењнати Сотсиалистї.

бобоЌул Ќурбоналиев (1939), 75- солагии зодрўзи олими соњаи иќтисод.

17 июн абдураЊим мавлонов (1914-1969), 100- солагии зодрў-

зи арбоби давлатию хољагї, Ќањрамони Мењнати Сотсиалистї.

18 июнниЗомиддин аъЗамбоев (1949), 65- солагии зодрўзи

журналист. холмаЊмад оев (1954), 60- солагии зодрўзи олими

соњаи њуќуќ.

Таквими

Масъули гўша Ёрмуњаммади Сучонї. • E-mail: [email protected]

Аз китоби олим, фай-ласуф, муњаќќиќи осо-ри намояндагони барља-стаи сўфия , Кароматулло Олимзода-«Паёми са-д о ќ а т » и н м и с р а ъ њ о и шеъриро хондам, ки дар њошияи китоби «Девони зулф»-и Шоираи халќии Тољикистон Зулфия Атої эъљод шудааст:

Њамчу дарё дар хурўшу њамчу кўњ аст устувор,

Њамчу оби чашмањо софу равон девони зулф…

Боѓи гулњоро таљассум мекунад њамчун бањор,

Рангњо дорад чу гул рангинкамон девони зулф.

Ишќро дар пардаи лафзи накў мепарварад,

Пирро ошиќ кунад њамчун даво девони зулф.

«Девони зулф»-и Зулфия Атої аз нуњ боб иборат бу-да, гувоњи эъљозњои тинати шоира аст. Шеърњо гуногун-мазмунанд: Васфи ватан-мо-дар, ёди бачагї, сафою сао-дати хонаи падар, ишќи пок, мењри фарзанд, љасорати зан, њамдилї, хайрхоњї, њимма-тбаландї, вањдату ягонагї…

Чї хеле шоири маъруфи халќамон Мўъмин Ќаноат дар маќолаи «Гулњои заррини шеър» навиштаанд, аз њама беш: «Мавзўе, ки шахсия-ти Зулфияро бо эљодиёташ пайванд медињад, мавзўи зан, хоњар ва модар будан аст. Ў ин се эњсоси бузургро бо назокат ва нафосати хосе ифода мекунад. Дар шеъри ў шоирзанї ва даъвигарої нест, балки таровиши эњсо-си духтарона ё модарона чун мењр ё чун шир њаст». Шоира љањони занро пур аз умеду ор-зу, мењру садоќат, шодиву ѓам ва билохира пур аз шўру исён мебинад ва њамон сон равону шево ба ќалам медињад. Дар тасвири ў зани тољик мењ-натќарин аст, дар љодањои гуногуни зиндагї хастаги-нопазир кору амал карда, ба мартабаи баланд расидааст. Аз шеъри «Духтари замин»:

Чї хуш њар рўзи фирўзат ба мењнат мешавад оѓоз,

Пару болат бишуд мењнат, ту бо он мекунї парвоз…

ё дар шеъри дигар духтара-ки мењнатќаринро аз хиљолат берун овардан мехоњад:

Дасти худ пинњон макун,Дасти худ пинњон макун

аз одамон.Дастњои мењнатиат

хоњарам,Њаст, охир, аз дили

покат нишон...

Ў менигорад: «Олами зани тољик як љазираи асрорангез ва ё ситораи дастнорасеро монад, ки интизори каш-шоф аст. Дунёи зан бинои

чилњўљраеро монад, ки танњо ду-се њуљраи он боз шудаасту халос. Ку калиди њуљрањои дигар? Ба он мекўшам, ки шеърњоям таљассумгари дунёи зан гарданд…»

Шоираи дилаш саршор аз ишќ аз маъшуќ покї, назо-кат, латофату садоќат хоста, басо латифу њадафрас таъки-даш мекунад:

Гарчи мирам дар дилат, эй бехабар,

Гул кунам андар бањорон аз дигар!

Шоираи ватансаро њамша-рики ѓаму шодии Ватани хеш аст. Њар зарра хок, њар ќатра обашро азиз шуморида, но-шудону нодонњои кишварро модарона њушдор медињад ва бебокона алайњи фитна-ангезону љангљўён љанг эълон мекунад:

Модарона шўру исён мекунам,

Бар алайњи љангљўён љанг эълон мекунам.

Зан агар исён кунад, бар ларза

меояд замин,Ларза меафтад ба љони

одамин...

Ифтихор мекунам, ки бо шоираи нозукбину сухан-тироз муносибати дўстонаи љовидона густурдаем, эњти-ромаш мекунам. Баъзан ба худ меандешам: «Шояд аз бандањои дўстдоштаи Ху-дованди бузург њастам, ки њанўз даврони донишљўйї (соли 1977) бо назаркардаи худаш наздикам кард. Ки-тоби аввалинаш «Љињоз»-ро бо соядаст њамон сол таќдим карда буд ва аз он айём эъти-боран шеърњои ин апаи азиз-

ро мутолиа мекунам. Накњати хуш, лаззати нотакрор доранд шеърњои Зулфия Атої. Њар касе, як мисраъ-ду мисраъ аз эљодиёти ин бонуи нору нур мутолиа кард, ошиќонаю со-диќона мехоњад ашъорашро љуста пайдо кунад. Пас аз таълифи «Љињоз» «Дидор», «Меваи сабр», «Зочаи хушрўи ман», «Духтари дарё», «Ишќи як зан», «Ситораи вањшї» (бо њуруфи форсї), «Ситораи муштарї», «Зан агар ошиќ шавад», «Зулфи парешон» (дар ду љилд), «Паррандаи бањорї» (бо забони русї), «Сояи зулф», маљмўаи «Дево-ни зулф», «Там, где встаёт и заходит солнце», «Рањдавак» аз чоп баромаданд. Шоира мураттиб ва муњаррири ки-тобњои «Ахтари чархи адаб», «Дуруд, эй ишќ» ва ѓайрањо мебошад.

Шоири халќии Тољики-стон, сардабири маљаллаи «Фирўза», узви Иттифоќи нависандагони Тољикистон, барандаи Љоизаи Созмони љавонони љумњурї, дорандаи ордени «Шараф», Аълочии маориф ва Аълочии матбу-оти Љумњурии Тољикистон, љоизадори Иттифоќи жур-налистон ба номи А. Лоњутї, «Дили Данко», мукофоти адабї-фарњангии «Товуси тиллої» Зулфия Атої дар шеър комёб гардида, њамеша пайи эъљод аст. Шеърњояш бо забонњои русї, англисї, фаронсавї, олмонї, арабї, украинї, руминї, ќирѓизї… тарљума шудаанд ва худ низ шеърњои шоирони зиёдеро ба забони тољикї тарљума кардааст.

Њусния Њафизова

Зулфия Атої:

Њамеша пайи эљод бояд буд

Page 12: Точикистон №24

№ 24 (1066) 12 июни соли 2014ТољикисТон12 таблиѓ

Эътибор надорад

• Насби антенаи моњворавї- Андрей. Тел: 918-76-74-08

• Панљара, панљраи оњанин, дарвоза, дарвозањои оњанин, пештоќ, ќатораи панљарањо, аро-ба месозем. Тел: 918-44-02-33, 935-44-02-33, 907-44-02-33

• Панљара, панљарањои оњанин, панљарањои зина, дарвоза, дарво-зањои оњанин, пештоќ, крани борбардор месозем. Тел: 900-98-70-51, 936-000-451, 989-09-01-49

• Маркази тибби халќии “Ки-миёи саодат”: њамаи намуди пара-зитњо, кирмњо ва гиљањо “шла-књо”, дисбактериоз, сангњои рўда, (лямбля, остритса, аскарида ва ѓ.) табобат мекунад, суроѓа: н.Рўда-кї, љамоати Зайнабобод, дењаи Сароб (Коммунизми пештара), тел: 901-500-760, 919-01-71-73, 917-33-33-55, 918-12-52-12

• Шартномаи хариду фурўши гумшуда ба номи Алимќулова Доно Тошбоевна ки дар Идораи нотариалии н. Сино аз 12.01.2006 бо реестри 8Д-49 барои хона воќеъ дар ш. Душанбе, кўчаи И. Сомонї, х.124, њуљ 31 бе эътибор дониста шавад.

• Дафтари њавлии гумшуда бо суроѓаи гуразгоњи 3 Н. Ќарабоев, х.13, њуљ 47 ва 48 ба номи Мирзо-ева Нигинамо бе эътибор дониста шавад.

• Дафтари њавлии гумшуда бо суроѓаи гузаргоњи 1 Гостелло, х.17/1 ба номи Мирзоалиева Муњаббат бе эътибор дониста ша-вад.

• Шиносномаи гумшудаи шањрванди Афѓонистон ба номи Муњаммад Зариф Али Муњаммад ОR 1198704 бе эътибор дониста шавад.

• Шиносномаи гумшудаи сери-яи ОR 1153704, шањрванди Афѓо-нистон ба номи Муњаммад Њу-сайн валади Ѓулом Асад, оилааш Экмат Сарвар, бе эътибор дони-ста шавад.

• Шиносномаи гумшудаи сери-яи ОА 811872, шањрванди Афѓо-нистон ба номи Суруч Ѓулом Њу-сайн бе эътибор дониста шавад.

• Шиносномаи техникии гумшуда аз 20.03.1986 сол, шањо-датномаи баќайдгирї №530, участкаи Читеппа, шањраки Со-мон, ба номи Мавлонов Яќубљон дода шудааст, бе эътибор дониста шавад.

• Шартномаи хариду фурўши гумшудаи хона бо суроѓаи Ги-порзем хонаи 35, утоќи 6, байни фурўшанда Шохољаев Юсуфљон Исољонович ва харидор Соњибов Мирон Кенљаевич ки тањти фењрасти №8Ш 3972 сабт шуда-аст ва дар идораи Нотариалии ноњияи Синои ш. Душанбе тас-диќ карда шудааст, бе эътибор до-ниста шавад.

• Шартномаи хариду фурўши гумшудаи њавлї бо суроѓаи кўчаи Озод, утоќи 30, байни фурўшанда Њабибуло Баротович ва харидор Ќаноатова Сафаргул ки тањти фењрасти 9Д 519 сабт шудааст, бе эътибор дониста шавад.

• Аттестати тањти раќами 059536, ки соли 1990 аз мактаби миёнаи №1 ба номи Фирдавсї, ноњияи А. Љомї ба Хушвахтова

Махфират Турдибоевна додааст, бинобар аз сабаби гум шуданаш, аз эътибор соќит дониста шавад.

• Шиносномаи техникии гумшуда кўчаи Муњаммадиев 34, њуљраи 131, вараќаи баќайдгирии №61362 ва манзилнома № 16462, аз эътибор соќит дониста шавад.

• Дипломи гумшуда бо №186, ки онро Омўзишгоњи касбии тех-никии №1, ш. Душанбе ба Ереме-ев Руслан Шамильевич додааст, бе эътибор дониста шавад.

• Аттестати гумшуда бо № 0543398 оиди хатми маълумоти миёнаи нопурра ( синфи 9) 2009-2010, ки онро мактаби миёнаи №25 ш. Душанбе ба Бобољонова Мавлуда Бобољоновна додааст, бе эътибор дониста шавад.

• Шиноснома ва шањодатномаи ронандагии гумшуда ба номи Шарипов Маруфљон бе эътибор дониста шавад.

• Шиносномаи техникии гумшуда бо реестри №4174 ва шартномаи хариду фурўш бо № 8Ш-4368 бо суроѓаи кўчаи Пахта-кор 4/1, ба номи Њамроќулова Махфират Иброњимовна додааст, бе эътибор дониста шавад.

• Аттестати гумшуда серияи №А 003462, ки онро соли 1994 мактаби миёнаи №25 ба Аслоно-ва Гулнора Нарзуллоевна дода-аст, бе эътибор дониста шавад.

• Аттестати гумшудаи маълумо-ти миёнаи нопурра, ТШТА 0083330, ки он мактаби миёнаи №79 н. Шоњмансур ба Бобочалов Мењрољ Асатуллоевич додааст, бе эътибор дониста шавад.

• Шартномаи ивазкунии гумшудаи хона бо суроѓаи кўчаи Айнї, х.84, њуљ 11, аз 12.02.1999, раќами ќайдаш №9Д-113, ки он дар саридораи Љумњурии Тољики-стон тасдиќ шудааст, бе эътибор дониста шавад.

• Шањодатномаи ронандагии гумшуда ба номи Рустамов Оя-тулло Исмоилович бе эътибор до-ниста шавад.

• Дафтарчаи имтињонии гумшу-да, ки онро соли 2012 Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик М.С.Осимї ба Раљабов Муњаммад Раљабалиевич додааст, бе эътибор дониста шавад.

• Шањодатномаи гумшуда, № 0123910, РЯМ 0430055771, РМА 045291997, ки онро 12.08.2010 сол аз Нозироти андози н. Синои ш. Душанбе ба Муродова Гулбањор Акрамовна додааст, бе эътибор дониста шавад .

• Шиносномаи гумшудаи шањрванди Афѓонистон ба номи Шикебо Нурмуњаммад, серияи ОА 2147976 бе эътибор дониста шавад.

• Шиносномаи гумшудаи хо-риљї ба номи Шикебо Нурмуњам-мад серияи ШХ 0000266 бе эъти-бор дониста шавад.

• Патенти гумшуда, РЯМ 0130072984, РМА 015402529 ба номи Ѓафоров Бахтиёр Хурсанд-муродович бе эътибор дониста шавад.

• Шањодатномаи гумшудаи ќо-нунигардонии №4062 ба номи Бобохонов Абдулањад, бо суроѓаи љамоати Чоргултеппа, дењаи Чор-су бе эътибор дониста шавад.

• Шиносномаи гумшудаи шањрванди Афѓонистон ба номи Хасина Сардор Муњаммад бе эъ-тибор дониста шавад

• Аттестати гумшуда, ки онро соли 1998 мактаби миёнаи №8-и ш. Панљакент ба Ќурбонов Воњид Бобокалонович додааст, бе эъти-бор дониста шавад.

• Шиносномаи гумшудаи тех-никї ба номи Халикова Тамара, бо суроѓаи кўчаи Бохтар 2, утоќи 1 бе эътибор дониста шавад.

• Шартномаи хариду фурўши гумшуда бо № 1Ш-428, ки онро 4 марти соли 2005 идораи нотариа-лии н. Фирдавсии ш. Душанбе бо суроѓаи гузаргоњи 16, кўчаи 40-со-лагии Тољикистон, х.35, ба Су-лаймонов Шарифљон Мирзоевич додааст, бе эътибор дониста ша-вад.

• Шањодатномаи Намоянда-гии Корхонаи сохтмонии «Буд-мекс», воќеъ дар н. Фирдавсї, раќами шањодатнома 0001568, РЯМ 0320000038, РМА 037136806 барњам мехўрад. Ња-маи арзу шикоятњо муддати 1 моњ ќабул карда мешаванд.

• Соњибкори инфиродї Баро-тов Обдулхай, ки бо шањодатно-маи № 0258469, РЯМ 0230038820, РМА 215195213 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд.

• Соњибкори инфиродї Аб-дуллоев Карим Абдуллоевич, ки бо шањодатномаи № 0101700, РЯМ 0230045659, РМА 025172678 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд.

• Соњибкори инфиродї Файз-

лиев Абдулфатоњ Мусофирович, ки бо шањодатномаи № 0002302, РЯМ 0230039957, РМА 045527318 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд.

• ЉДММ «Мубориз 2013», воќеъ дар н. Сино, раќами шањо-датномаи 0264781, РЯМ 0410024606, РМА 040044815 барњам мехўрад. Њамаи арзу ши-коятњо муддати 1 моњ ќабул кар-да мешаванд.

• Филиали ЉДММ «Идораи корхонаљоти ѓизо Ф1 ФУД» ва «Кабоб хавс», РМА 040045542, дар н. Сино, фаъолияташро ќатъ менамояд. Њамаи арзу шикоятњо муддати 2 њафта ќабул карда ме-шаванд.

• Соњибкори инфиродї Узбе-кова Дилбар Султоновна, РЯМ 0330119314, РМА 045890936 фаъолияташро ќатъ менамояд.

• Соњибкори инфиродї Ша-рифов Умедљон Шарифович, ки бо шањодатномаи № 0072034, РЯМ 0230042661 аз 04.07.2013 сол, ИНН 185234793 аз 10.11.2009 сол, фаъолияташро ќатъ менамояд.

• Соњибкори инфиродї Ѓани-ев Хушќадам Муродович, ки бо шањодатномаи № 0004034, РЯМ 0331193060, ИНН 155188865 фаъолияташро ќатъ менамояд.

• Соњибкори инфиродї Љабо-рова Замира Акбаровна, ки бо шањодатномаи № 0023080, РЯМ 0430009195 аз 07.01.2010 сол, ИНН 045152369 аз 04.04.2005 сол, фаъолияташро ќатъ мена-мояд.

• Соњибкори инфиродї Бело-ус Роман Владимирович, ки бо шањодатномаи № 0228709, РЯМ 0130067273 аз 15.08.2012 сол, ИНН 045141958 аз 02.11.2004 фаъолияташро ќатъ менамояд.

• Соњибкори инфиродї Љабо-ров Орифљон Олимович, ки бо шањодатномаи № 0122930, РЯМ 0130029919, РМА 015295823 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд.

• Соњибкори инфиродї Љаби-ров Худойдод Ќодирович, ки бо шањодатномаи № 0230185, РЯМ 0130063395, РМА 015098802 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд.

• Соњибкори инфиродї На-сруллоев Нурмањмад Файзович, ки бо шањодатномаи № 0230184, РЯМ 0130063386, РМА 015403626 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд.

• Соњибкори инфиродї Наза-ров Њабиб Тимурович, ки бо шањодатномаи № 0007664, РЯМ 0130086725, РМА 015209750 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд.

• Соњибкори инфиродї Муро-дова Гулбањор Акрамовна, ки бо шањодатномаи № 0123910, РЯМ 0430055771, РМА 045291997 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд.

• Соњибкори инфиродї Наљ-мидинов Абдурањим Абдуллое-вич, ки бо шањодатномаи № 0004279, РЯМ 0130078355, РМА 015013996 соњибкорї дошт, фаъолияташро ќатъ менамояд.

Шумо метавонед эълонњои

худро тавассути смс бо раќами 7777 ба мо фиристед.

телефон барои маълумот 238-78-78

Барњам мехўрад

Саломатї

Мефурўшам

Хизматрасонї

Page 13: Точикистон №24

№ 24 (1066) 12 июни соли 2014 ТољикисТон 13таблиѓ

Кўшиш кунед, ки аввали њафта, корро аз рўйи наќша оѓоз намоед. Дар суњбати ихтисосї бо эњтиёт бошед. Рўзи сешанбе шуморо раисатон ба сафари хизматї рафтан пешнињод мекунад. Нисбати саломатиатон беањамият набошед, зеро њавои боронї ба шумо бетаъсир намемонад.

Аввали њафта шуморо ба мулоќоти ѓайриинтизор даъват мекунанд. Дар муносибат бо њамкорон эњтиёткориро истифода баред. Њангоми рондани мошин бодиќат бошед. Охири њафта ба айёдати падару модар ё зиёрати манзили онњоро фаромўш накунед. Бо фарзандон ваќти муайян људо намуда, онњоро ба тамошои сањро баред.

Рўзњои аввали њафта он нафаре, ки хеле боз интизораш будед, ба шумо вомехўрад. Њангоми вохўрї кўшиш кунед, ки њарфњои нољо нагўед. Он масъалае, ки барои њалаш мушкили мекашед, бо ягон роњ ба ў фањмонед. Њамеша дар хотир дошта бошед, ки аз мадди назари атрофиён худро дур насозед.

Саратонњоро њафтаи серташвиш интизор аст. Бо оѓоз шудани моњи нав, иљрои як ќатор корњои берун аз наќша ба миён меояд. Дар охири њафта аз дўстдоштаатон хабари хуш мешунавед. Дар тиљорат бо шахсони ќавиирода кор карданро ба роњ монед, зеро бурди шумо аз шахсони гирду атрофатон вобастагии зиёд дорад.

Шахсони зери ин бурљ буда, њамеша дар фикри пайдо кардани роњи њалли корашон њастанд. Аввали њафтаро бо мушкили паси сар мекунанд. Шахси наздикатонро як муддат аз даст медињанд, вале аз ин ноумед набошед.

Мумкин аст, ки хоњишу мароми доштаатон дар ин њафта амалї гардад. Бе дастгирии пайвандон оѓози фаъолиятатон норушан мемонад. Бењтараш ин њафта наќшањои асосиа-тонро ба таъхир гузоред. Бештари ваќтатонро дар њалќаи кўдакон гузаронидан нерўи зиёдро аз худ мекунед, ки барои анљоми наќшањои дар пеш истода хеле муфид аст.

Аввал саломатї, баъд нисбати хостгорњои худ бепарвої накунед. Ин њафта дар коргоњ љиддї муносибат кардан барои пешравии минбаъдаи шумо ќадамњои устувор мегузорад. Њамеша хомўшии шумо боиси дур кардани шумо аз атрофиён мегардад.

Чанд масъалањое низ шуморо дунболагир аст, ки он њам нофањмоињо барои барпо намудани туй миёни волидони шумо мебошад. Барои дўстдорони варзиш њафтаи пешравию мувафаќиятњост. Тавсия дода мешавад, ки ба тамошои кўњ баромада, табъатонро болида гардонед.

Барои вохўрї ва корњои берун аз корхона ваќти камтар доред. Шояд њамин рафтори онњо дўстдоронашонро аз онњо дур месозанд. Барои љаддињои корчалон њафтаи наонќадар хуб аст. Аз байн рафтани каме маблаѓашонро ситорањо пешгўйї кардаанд. Муносибатњои ошиќона дар ќисме аз онњо пешбинї шудааст.

Бе тавсияи духтур муолиљаро оѓоз накунед, зеро он ба узвњои шунавоии шумо хатари љиддї меорад. Кўшиш кунед, ки хабаркашњоро аз худ дур кунед ва хаёлатонро ба мавзўъњое, ки муњимаст, равона кунед. Аз мобайни хешу аќрабо нафрае ба шумо кўмаку дастгирї мекунад.

Гузаронидани бисёр ваќти хешро дар њалќаи пайвандон тавсия медињанд. Муносибатњое, ки канда шуда буданд, барќарор намудани он дар ин њафта хеле муфид аст. Фурсати муносиб барои вохўрї бо дилдодаатон фаро расидааст. Ин вохўри ба шумо чизњои навро дар њаёти шахсиатон њадя мекунад.

Дар корњои шахсиатон муносибатро љиддї намоед, зеро беањамиятии шумо боварии шуморо ба роњбаратон кам мекунад ва сабаби сар задании сардињо байни шумо ва ў мегардонад. Худро назди њамагон чењракушода нишон дињед, зеро таббасуми шумо душманкуш аст ва мубори-заи онњоро нисбати шумо кам мегардонад.

• ЊАМАл (21 МАРТ- 20 АпРел)

• САвР (21 АпРел - 20 МАй)

• љАвзО (21 МАй- 21 ИюН)

• САРАТОН (22 ИюН- 22 Июл)

• СуНБулА (24 АвГуСТ- 23 СеНТяБР)

• • АСАД (23 Июл- 23 АвГуСТ)

• МИзОН (24 СеНТяБР- 23 ОКТяБР)

• АќРАБ (24 ОКТяБР - 22 НОяБР

• ќАвС (23 НОяБР- 21 ДеКАБР)

• љАДДї (22 ДеКАБР- 20 яНвАР)

• ДАвл (20 яНвАР- 21 ФевРАл)

• ЊуТ (21 ФевРАл - 20 МАРТ)

аз рўи номинатсияи «Китобхонаи сол»

аз рўи номинатсияи «Китобхонаи шахсии сол»

Озмуни умумиљумњуриявии «Китобдор,китобхона ва китобхонаи шахсии сол»

дар Љумњурии тољикистонНатиљаи овоздињї аз санаи 2.04 то 10.06.с.2014

аз рўи номинатсияи «Китобдори сол»

Намунаи овоздињї: Бо телефонии мобилї њиљораќами (Код)-и китобдор ё китобхонаро дар шакли паёмак њуруфчинї намуда ба раќами 4545 ирсол намоед ва мунтазири љавоб шавед. Эзоњ: Овоздињї дар озмун ихтиёрист! Арзишнокии 1 (як) паёмак 2 (ду) сомониву 90 дирамро (бо назардошти ААИ) ташкил медињад. Оиди овоз додан ба дигар китобдорон ва китобхонањо метавонед аз сомонаи www.gptb.tj истифода намоед. Телефонњо барои тамос: 935559076, 918226651, 917232816

№ р/т

Номи китобдор Њиљо-раќам (Код)

Раќами ирсоли SMS

Миќдори овозњо

1 ш. Хуљанд, Раљабова Марњабо Kt037 4545 255

2 ш. Хуљанд, Эргашева Му-яссар

Kt024 4545 126

3 ш.Душанбе, Шарипова валъамат

Kt001 4545 103

4 ш.Истаравшан, зокирова Мукаррама

Kt015 4545 57

5 ш. Хоруѓ замирова лайлї Kt041 4545 38

6 ш. Норак, Нозимова Гул-бањор

Kt027 4545 35

7 ш.Душанбе, Ахмедова Мавзуна

Kt004 4545 27

8 ш. Кўлоб, Абдуллоева Са-одат

Kt007 4545 25

9 ш.Турсунзода, Саидова Гавњарой

Kt034 4545 20

10 н. Рашт, Нуриддини Сад-риддин

Kt036 4545 16

11 н.Ишкошим, Душанбиева зулфия

Kt032 4545 15

12 н.Айнї, Мавлонов Мавлон Kt016 4545 14

13 н.вањдат, Нурова Хайри-ниссо

Kt033 4545 14

14 ш.Исфара, Хакимова Сай-фура

Kt014 4545 13

15 н. Рўдакї. Файзова Сайрам Kt013 4545 12

16 ш.панљакент, Собирова Сољида

Kt025 4545 12

17 н. Мастчоњ, Сафарова Фа-рзона

Kt017 4545 11

18 ш.ќурѓонтеппа, Тоирова Майсара

Kt006 4545 11

19 н. панљ, Сафарова Назира Kt009 4545 10

20 н.Файзобод, Толибов Са-идмурод

Kt035 4545 10

21 н. Фархор, Афзалов Њаби-булло

Kt012 4545 9

22 н. Роштќалъа, Назарбекова Амчигул

Kt031 4545 7

23 н. Ёвон, Комилова Хиромон Kt011 4545 5

24 н.Ашт, Шарипова Биби-раъно

Kt029 4545 4

25 н.зафаробод, Наимова умеда

Kt018 4545 4

26 ш.Душанбе, юсупова Муњаббат

Kt003 4545 1

27 н.ванљ, Давлатова Рухшона Kt026 4545 1

№ р/т

Номи китобдор Њиљо-раќам (Код)

Раќами ирсоли SMS

Миќ-дори

овозњо

1 Китобхонаи Донишгоњи тех-нологии Тољикистон

Kb050 4545 170

2 Китобхонаи вилояти Суѓд ба номи Тошхоља Асирї

Kb015 4545 131

3 Китобхонаи давлатии бача-гонаи љумњуриявї ба номи Мирсаид Миршакар

Kb044 4545 95

4 Китобхонаи Донишгоњи тиббии Тољикистон ба номи Абўали ибни Сино

Kb048 4545 35

5 Китобхонаи марказии ш. Конибодом

Kb018 4545 28

6 Китобхонаи вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоњин

Kb001 4545 26

7 Китобхонаи марказии ш.Душанбе ба номи Абулќо-сим лоњутї

Kb045 4545 20

8 Китобхонаи марказии ш.Турзунзода

Kb035 4545 17

9 Китобхонаи Донишгоњи дав-латии тиљорати Тољикистон

Kb047 4545 6

10 Китобхонаи марказии ш.вањдат

Kb034 4545 4

11 Китобхонаи марказии ш.Исфара

Kb016 4545 3

12 Китобхонаи марказии н. Ишкошим

Kb032 4545 2

13 Китобхонаи вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнї

Kb002 4545 1

14 Китобхонаи марказии н.Данѓара

Kb044 4545 1

15 Китобхонаи марказии н.Айнї

Kb022 4545 1

16 Китобхонаи марказии н.Б.Ѓафуров

Kb026 4545 1

17 Китобхонаи марказии н.Рўшон

Kb030 4545 1

18 Китобхонаи марказии н.панљ Kb006 4545 119 Китобхонаи марказии н.Рўдакї Kb037 4545 1

20 К и т о б х о н а и м а р к а з и и н.Файзобод

Kb039 4545 1

№ р/т

Номи китобдор Њиљо-раќам (Код)

Раќами ирсоли SMS

Миќ-дори

овозњо

1 Китобхонаи шахсии Тилло Самад, н.восеъ

Kb052 4545 14

Page 14: Точикистон №24

№ 24 (1066) 12 июни соли 2014ТољикисТон14 таблиѓ

Масъули сањифа Иззатбек Идиев. Мо интизори мавод ва пешнињодоти шумоем! E-mail: [email protected] • Шўъбаи реклама: [email protected] • Тел: (44) 601-35-95Масъули сањифа Мањина Давлатова. Мо интизори мавод ва пешнињодоти шумоем! E-mail: [email protected] • Шуъбаи реклама: [email protected] • Тел: (44) 601-35-95

Page 15: Точикистон №24

№ 24 (1066) 12 июни соли 2014 ТољикисТон 15варзиш

: :

Page 16: Точикистон №24

№ 24 (1066) 12 июни соли 2014ТољикисТон16 хандарез

Як латифа бо ду забон

Бе ягон азобЉойе ќозию мулло ба таърифи харњошон шуруъ карданд:— Хари ман, - гуфт ќозї њавобаландона, - бењад зўр аст.Дар роњгардї бошад, пешаш асп шарм медорад.— Хари ман, - сухани ќозиро бурид мулло чашмакї зада,- аз хари

шумо монданї надорад. Панљсад кило бору маро бе ягон азоб ме-бардорад.

— Хари шумо чї? – пурсиданд аз Афандї, ки он љо њузур дошт.— Хари ман, - гуфт Афандї лабханд карда, - мулло шуда бошад

њам, ба ќозигї нарасидааст.

Who is your donkey like?Once a Kazi and a mullah were making boast of their donkeys,«My donkey is unusually strong. If he breaks into a gallop, he can outrace

a horse», said the Kazi arrogantly.«Mine outmatches yours in everything», the mullah interrupted the Kazi,

looking significantly at him. I can load about fifty kilos on its back, bestride it and my donkey runs with ease».

«What can you say about your donkey?» they asked Afandi who was sitting nearby.

Afandi sneered, «My donkey looks very much like the mullah, but hasn’t graded up to the Kazi yet».

Пул ѓундошта натавонанд…Аз марди њавобаланде, ки бо зўри пул депутат шуда буд, пурсиданд:— Оё медонед, ки дар ин замони гаронї зиндагии мардуми зањ-

маткаш хеле вазнин аст?— Донистан њам намехоњам! – гуфт ў хунсардона. – Пул ѓундошта

натавонанд, айби ман чї?!— Барои чї даѓалї мекунед? Ё аз депутатї мефахред? Афандї, ки

он љо буд, лутф кард:— Бењуда «Серро чї парвои гурусна» нагуфтаанд.

Lack of understandingOnce somebody asked a proud man who became a deputy with the help

of money, «Don’t you know that nowadays common people live under very hard conditions?»

«And have no wish to know», he answered coolly. What can Ido, if they cannot earn their living!?»«Why are you so rude? Is this deputy post besotted you?» Afandi, standing

nearby, answered, «People say, «He that iswarm thinks all so!»

Аз боварї, ки баромадед…Аз мансабдоре пурсиданд:— Занатон дар ягон љой кор мекунад?— Не, хонашин аст, - гуфт мансабдор бепарвоёна.— Хонашин бошад, барои чї бо корњои хона машѓул нашуда, ба

шумо њар рўз дањњо бор занг мезанад?— Дар кор будан ё набуданамро месанљад.— Чаро?Афандї, ки он љо буд, гуфт:— Аз боварии зан, ки баромадед, ё занги телефонаш гў- шатонро

кар мекунад, ё сояаш чашматонро хира.

No trustOne day a high-ranker was asked, «Does your wife work any- where?»«No, she is a housewife», he replied calmly.«A housewife!? Then why does she do nothing about the house? She

phones you all day long».«She just wants to know whether I am in the office or not».«But why?»Afandi, standing nearby, noted: «When a woman has no trust in a man,

any sound may seem a thunder to her».Сафо њалимї

Баландтарин њадди њаро-рати њаво дар Душанбе чанд дараља аст? Рекорди ќаблии он 41, 43 ё 45 буд? Не, хато мекунед, њарорат дар пой-тахти Тољикистон баъзан аз 60 то 65 дараљаи Селсия њам баландтар мешавад.

Бовар намекунед? Пас, ра-вед ба наздикии Комбинати бофандагии Душанбе. Он љо, дар наздикии «круг»-и ин кор-хона њароратсанљи электронї ва соати электроние насб гар-дидааст, ки дар дурўѓгўйї ба-рон Мюнњавзенро ташна ба ла-би Кофарнињон бурда меорад. Баъзе рўзњо ба он «дастоварди бузурги илмї» нигариста ( ба акс нигаред) кас њайрон мемо-над, ки дар ин соли нисбатан

салќину сард, ки дар моњи июн њам баъзењо њатто костюма-шонро аз худ дур накардаанд, чї тавр метавонад ин њарорат-санљ дар соати 09,48 даќиќаи субњ 51 дараља гармиро нишон дињад? Зимистони гузашта ин њароратсанљ баъзан 23-33 да-раља сардиро нишон дода буд, ки ба гуфти њавошиносон ба њар як хонадон маълум, муњта-рама Байдуллоева дурўѓи «бо-лохонадор» аст. Соли гузашта њаргиз то ба ин дараља њарорат сард нашуда буд ва њоло њам ягон ваќт ба њадди 51 дараља болои сифр набаромадааст. Ё мо ченаки њарорати Селсияро бо ченаки Фаренгейт иштибоњ кардаем? Не, дурусттар нигоњ мекунем, ки дар он љо нишо-наи Селсия хаст. Шумо гумон

мекунед, ки дар миёнаи моњи июни соли 2014 ќарор доред? Боз њам хато мекунед. Шумо њоло дар соле ќарор доред ва ин њароратсанљи «њаќгўю» соати «даќиќ» онро њар лањ-за ба шумо гаштаю баргашта чашмакзанон хотиррасон ме-кунанд. Ин дурўѓњои осмонї аз куљост? Ба ин савол танњо масъулони насбгару танзимга-ри соату њароратсанљњои шањр љавоб дода метавонанду халос. Фаќат як хоњиш: ваќте ки аз назди ин «падидаи нави илмї» ва «кашфиёти гўшношунид» мегузаред, њаргиз чашматон-ро боз накунед, ки ё аз гармї мекафед ё аз сардї мешиканед!

мањинаи Давлат,танзимгари соату њароратсанљ

(суратгир муаллиф)

Диќќат, дар Душанбењаво 51 дараља гарм шуд!