2
Агар хоњед ки набераи Шумо дар калонсолї шахси њалиму мењрубон гардад айёми тифлиаш ў набояд зери фишору тазъиќ, зўроварию тањќир ќарор гирифта бошад. ФАрзАнд Ширин вАле нАберА ШиринтАр Якљоя ањли оила кўдаки бардаму солим ва доноро ба воя мерасонем. ш. ИСФАРА 2011 Солњои аввали зиндагии кўдак, бахусус се соли аввали он барои шакл гирифтани маѓзи сари кўдак хеле ањамияти калон дорад. Кўдакон њанўз аз рўзи аввали таваллуд ба омўзиш оѓоз менамоянд. Бозињо ва машѓулиятњои гуногун, нутќи инкишофдињанда, хотира ва таваљљўњи хоса ба кўдак дар рушди иљтимої, љисмї ва зењнї кўмак менамояд. Њарчи бештар бо набераатон сўњбат кунед, ба ў китобчањо хонед, њикояњо наќл кунед, суруд замзама намоед. Об, ќуттињои картонї, чоркунљањои чўбї, дегча ва сарпўши он ё дигар ашёи рўзгор метавонанд нисбат ба бозичањои аз магазин харидоришуда бадтар набошанд. Набераи Шумо бояд дар соли аввали њаёт бо маќсади њифз аз як ќатор беморињое, ки мета- вонанд боиси инкишофи суст, маъюбї ва њатто фавт гарданд, бояд бо эмгузаронии наќшавии пешгирикунанда фаро гирифта шавад. Кўдаки гирифтори дарунравї ё исњол бояд бо маќсади пешгирии беобшавии бадан ба миќдори зиёд моеъ, аз чумла шири модар ва мањлули махсуси намакдорро истеъмол кунад. ШўЪБаи таНдуруСтии маќОмОти иљрОияи ЊОКимияти давлатии ШаЊри иСфара Бо маќсади пешгирии беморињо зарур аст, ки аз ташноби тоза истифода бурд. Баъди анљоми ќазои њољат, пеш аз тайёркунї ва истеъмоли ѓизо бояд дастро бо собун шуст, аз оби манбаи бехатар истифода бурд, ба тозагии ѓизо ва об ањамият дод.

ЮНИСЕФ - Фарзанд ширин вале набера ширинтар

Embed Size (px)

Citation preview

Page 1: ЮНИСЕФ - Фарзанд ширин вале набера ширинтар

Агар хоњед ки набераи Шумо дар калонсолї шахси њалиму мењрубон

гардад айёми тифлиаш ў набояд зери фишору тазъиќ, зўроварию

тањќир ќарор гирифта бошад.

ФАрзАнд Ширин

вАле нАберА ШиринтАр

Якљоя ањли оила кўдаки бардаму

солим ва доноро ба воя мерасонем.

ш. ИСФАРА 2011

Солњои аввали зиндагии кўдак, бахусус се соли аввали он барои шакл гирифтани маѓзи сари кўдак хеле ањамияти калон дорад.

Кўдакон њанўз аз рўзи аввали таваллуд ба омўзиш оѓоз менамоянд.

Бозињо ва машѓулиятњои гуногун, нутќи инкишофдињанда, хотира ва таваљљўњи хоса ба кўдак дар рушди иљтимої, љисмї ва зењнї кўмак менамояд.

Њарчи бештар бо набераатон сўњбат кунед, ба ў китобчањо хонед, њикояњо наќл кунед, суруд замзама намоед.

Об, ќуттињои картонї, чоркунљањои чўбї, дегча ва сарпўши он ё дигар ашёи рўзгор метавонанд нисбат ба бозичањои аз магазин харидоришуда бадтар набошанд. Набераи Шумо бояд дар соли аввали њаёт бо маќсади њифз аз як ќатор беморињое, ки мета-вонанд боиси инкишофи суст, маъюбї ва њатто фавт гарданд, бояд бо эмгузаронии наќшавии пешгирикунанда фаро гирифта шавад.

Кўдаки гирифтори дарунравї ё исњол бояд бо маќсади пешгирии беобшавии бадан ба миќдори зиёд моеъ, аз чумла шири модар ва мањлули махсуси намакдорро истеъмол кунад.

ШўЪБаи таНдуруСтии маќОмОти иљрОияи ЊОКимияти давлатии ШаЊри иСфара

Бо маќсади пешгирии беморињо зарур аст, ки аз ташноби тоза истифода бурд. Баъди анљоми ќазои њољат, пеш аз тайёркунї ва истеъмоли ѓизо бояд дастро бо собун шуст, аз оби манбаи бехатар истифода бурд, ба тозагии ѓизо ва об ањамият дод.

Page 2: ЮНИСЕФ - Фарзанд ширин вале набера ширинтар

Агар хоњед, ки соњиби набераи зебову бардам гардед, Шумо низ бояд донед!

• Синни аз њама мувофиќи келинатон барои таваллуд 18 - то 35 солагї мебошад;

• фосилањои байни њомилагии келинатон набояд аз 2 сол кам бошад;

• Келинатон аз моњи аввали њомилагї сар карда бояд на камтар аз 4 маротиба ба маркази саломатї (ё маркази сињатии репродуктивї) мурољиат намуда, аз тањќиќот гузарад;

• Џараёни зоиш бояд тањти назорати мутахассисони соњибихтисоси соњаи зоимонї ќарор гирад;

• дар давраи њомилагї ва айёми синамаконї келинатон ба маводи серѓизо, миќдори кофии ѓизо, нисбат ба њолати муќаррарї бештар истироњат кардан, дорувории дорои оњан ва туршии фолиат (витамини в9) дошта ё дигар маводи иловагии дорои микронутриентњои мухталиф эњтиёљ дорад.

Аломатњои наздик шудани зоиш метаво-нанд инњо бошанд:

• Кашидашавии шадиди мушакњо баъди њар 20 даќиќа ва ё камтар аз он;

• Џудошавии об аз бачадон;

• Џудошавии мањлули хунини часпак.

Аломатњои огоњкунандаи давраи њомилагї:

• Камхунї (сафедшавии забон ва пилки чашм, бемадоршавї ва норасоии нафаскашї);

• варами ѓайримуќаррарии пойњо, дастњо ва рўй;

• Камњаракатї ва ё бењаракатии љанин.

Нишонањое, ки ёрии таъљилии тиббиро талаб мекунанд:

• Пайдо шудани хунравї аз мањбал;

• Сардарди шадид, рангу рўи парида;

• рагкашї (ављгирї);

• дарди шадид дар минтаќаи шикам;

• таб ва бемадоршавї;

• Нафаскашии зуд ва мушкил;

• дарди кашишхўрандаи мушакњои бачадон, ки аз 12 соат бештар давом мекунад.

Шири модар ѓизои бењтарин мебошад ва набе-рачаи дўстрўякатон дар давраи 6 моњи аввали њаёташ танњо ба он эњтиёљ дорад.

• Сипас ба набераатон гизои иловагии зеринро додан зарур аст:

• Пюрењои сабзавотї: сабзї, каду, картошка, лаблабу бо як ќошуќча равѓани растанї;

• Шавлањои ширї (бо биринџ, бо манна, марџумакї);

• Зардии тухм, творог;

• меваи тару тоза;

• лўбиёи џўшонида совидашуда;

• Ѓизои номатлуби зан дар давраи њомила ва ѓизои номатлуби кўдак махс усан дар ду соли аввали њаёт метавонад инкишофи зењнї ва љисмии тифлро боздорад.