23
њафтанома њар чоршанбе нашр мешавад №24 747), 11 июни соли 2014 сањ.15 17 Аљинањо болиштњоро месўзанд 16 Тољро хоб дидан нишони подшоњист? мАро зиндА бА зиндА гўр кАрдАнд Сањ.12 9 буќќа бошї њам, баргард Амалиддин! ОИЛА модАр не, АждАр Наташабону: 12 Арўси кал Сањ.14

шумораи 24

  • Upload
    -

  • View
    269

  • Download
    9

Embed Size (px)

DESCRIPTION

 

Citation preview

Page 1: шумораи 24

њафтанома њар чоршанбе нашр мешавад№24 747), 11 июни соли 2014

сањ.15

17Аљинањо

болиштњоро

месўзанд

16Тољро хо

б дидан

нишони подшоњи

ст?

мАро зиндА бА зиндА гўр кАрдАнд

Сањ.12

9буќќа бош

ї њам,

баргард Амалиддин

!

ОИЛАмодАр

не,

АждАр

Наташабону:

12Арўси к

ал

Сањ.14

Page 2: шумораи 24

№24 (748) 18.06.2014 2

(Давомаш. Аввалаш дар шуморањои гузашта)

Бигзор шунавад, ки ак-нун ман њам хушбахт шудам! Худо ба ман њам дили саршо-ри ишќу сўзу гудоз бахшид. Аммо ман ўро куштан наме-хостам, охир! Кї кўдакии ху-дро куштааст? Туро куштан мехостам ќанчиќ! Аммо ман Абрўйи моњтобї, кўдакии ху-дро куштам, ман ўро куштам… Ман ўро куш-та…а…а…м!..

Фотимагул дар чанголи Бежан дасту по мезад ва бо садои баланду пурњарос аз одамон имдод ме-хост:

-Мардум, ёрї кунед!.. Ин де-вона маро њам мекушад!..

Ф а р ё д њ о и бењудона су-кути торики роњрав шикаст, миёни деворњои сангин то ќабати аввали бино дави-ду акси садо дод.

Бежан наъра мезад ва панља аз гулўи Фотима-гул барнамедошт. Њамин њоло агар њофизи бузург Ори-фи Хушхон љойи воќеа њузур медошт, шояд ба эњтироми дўстиву бародарї хуносо та-лаб накарда, гуноњи Бежан мебахшид, лек гар омўзгор Илњоми Мурод мебуд, аз пайомади мањбусии фар-занд даст бар сару рў зада, саранљоми ќиссаи нотамоми хеш ва «Дўстии мору барз-гар» сахт андеша медод.

Аммо ин дам доду

бедодњои Бежану Фотимагул гунае давру бар танин ан-дохтанд, ки одамон безобита гаштаву ба тањлука афтода, дарњои бастаи хонањои худро бо шиддат во карданд. Акнун аз њар љониб садои пойи аз зинањо боло шудани онон ба гўш мехўрд.

Ин дам хаданги барќ гўё ба тору пуди Абрў давид, ки аз љо такон хўрд, ангуштонаш оњиста париданд, пилкњои чашмон ва мижгонњояш лар-

зиданд. Мисли ин ки аз

х о б и г а -

р о -н у

б е х у д ї вораст, ў чашм

кушодан, бо таваљљуњ са-дои ошно шунидан мехост. Ин садои Моњтоб, садои модари азизаш буд, ки ба ў сиригўшї мегуфт: «То мис-ли гул нашавї, рўйи барги сунбул нашавї, барои як кас булбул нашавї, додар ба ху-дат наёбї, соњиби гарданбан-ду дастпонаи наслї нашавї, илтимос, ас пеши ма наё, ки розї нестум!..» Абрў канда-канда ба худ бигуфт: «Ме-

шавам… Моњтоби азизам, маро мебахшї. Ман… акнун духтари Хосиятбону њастам… Ман духтари Илњоми Муро-дам… Онњоро дўст медорам… Дуоям бидењ, модари љон…» Аммо ин њарфњо танњо худаш донисту бас.

Нигоњи бењоли Фотимагул ба љунбиши Абрў афтод. Ў бо нерўи тасвирнопазир ва тако-ни ѓайримунтазира панљањои дасти Бежан аз гулўяш канор карду фарёд зад:

-Номард, нигоњ кун, Абрўйи моњтоб ба худ омад!..-ва хеш-ро барќвор канори ў андохт.

Абрў дар арасоти њаёту

мамот талош дошт. Њамин њоло аз равзанаи умед ба-рояш равшаниву нерў эњдо мегашт. Ў моњтобро равшан медид, моњтоби азизашро, ки барояш дуо медод. Њо, Худо ки дўсташ медошт, боз њам ўро дард доду марг не!

Ин дам Бежан зудтар аз њаракати мори обї аз фарш корди хунин бардошт ва гу-нае ба синаи хеш халонд, ки аз дами погањ афтода-наш њатто Фотимагул огоњ нагашт. Ва нолишомез ба за-бон овард:

«Падарљон… модарљон… Ман шуморо дўст медорам…

Акнун њамеша бо шумо мемо-нам… Маро бубахшед…» Ў њолиё комилан дарк накард, ки корди хунину њалокатбор на ба синаи худ, балки ба љигари реш-реши зодман-дон халонда буд. Бежан бењаракату карахт, мисли кунда, нољунбон меистод, на-фаскашияш ба гўш намехўрд. Ў сар ба девору даст ба дум-чаи корд дошт, чашмони кушодаву њасратзадааш ба шифт мехкўб буданд. Хуни гарм миёни ангуштони да-сташ мепечид.

Одамон аллакай тори сари онњо расида буданд…

Сайдањмади Зардон

Абрўйи мАњТоб

Page 3: шумораи 24

3СарНавишт

Page 4: шумораи 24

№24 (748) 18.06.2014 4

Page 5: шумораи 24

№24 (748) 18.06.2014 5

бисёр љустуљў карда бошанд њам, дигар аз писарашон ному нишон наёфтанд матлубаю Саъдї. Касе намедонист, ки мањмуди

миллионер ба кадом шањр кўчидааст. матлуба чанд маротиба

аз шавњараш талаб кард, ки ба љустуљўи мењрољ ба амрико равад, вале вай даст афшонда мегуфт:

-амрико тољикистон нест, ки дар як рўз тамоми гўшаю канорашро тай

бизанї, ман дар он мамлакати калон бе суроѓаи аниќ ба куљо меравам?!

дар амрико љустани мењрољ мисли он аст, ки дар уќёнуси беканор як дона

сўзанро бикобї…

ќиССањои ЗиНдагї

(Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта)

Манижа сахт бемор шуда ба беморхо-на афтид. Дар бисотам як пули пучак њам надоштам, ки духтарамро табобат кунам. Ба хотири зинда мондани Манижа маљбур шудам, ки Мењробро ба як марди бефар-занд ба фарзандхонї дода, худам барои ба шавњар баромадан ба духтуре, ки љони духтарамро харид, тайёрї бинам,-иќрор шуд Матлуба.

-Ту чињо гуфта истодаї? Мабодо девона-ку нашудаї,-сарашро бо кафи да-стонаш дошта, нобоварона пурсид Саъдї.

-Девона шудаам ё не намедонам, вале Мењрољ аллакай падару модари нав до-рад ва дигар бо ман нест,-такрор кард Матлуба.

-Ту чї хел модар њастї, ки фарзан-датро ба ким-кадом одамони ношинос медињї?! Бигў, ки Мењроб дар куљост, ман худи њозир рафта писарамро кашида мегарам,-исён намуд Саъдї.

-Дар куљо будани Мењрољро наме-донам. Аз рўйи гуфти духтур марде, ки Мењрољро писархонд карда гирифт, би-сёр бою бадавлат будааст, ман танњо ба хотири наљоти Манижа ва ояндаи дурах-шони худи Мењрољ ба ин ќурбонї розї шудам…

-Сафсаттахониатро мону тезтар бигў, ки марди Мењрољро бурдагї дар куљо зиндагї мекунад,-ба миёни гапи занаш лагад зад Саъдї.

Ин дам духтур баргашт ва ба сари Матлуба дод задани як марди ношиносро дида, ѓазаболуд аз китфи Саъдї дошту дод зад:

-Ту худат кистї, ки ба сари ин занак дод мегўї?!

-Эй гум шав аз назарам, маймун! Зани худам, хоњам дод мезанам, хоњам зада мекушам, кори ту набошад,-бонг зад Саъдї, ки аз дахолати марди бегона хун ба сараш зада буд.

Духтур аз гиребони Саъдї гирифта бо ситеза пурсид:

-Ту чї гуфтї?! Зани худат? Аз кай боз вай зани ту шудааст?

-Сар дењ гиребони маро аблањ, ин за-нак дар њаќиќат њамсари ман аст. Як солу ду сол не, мо њашт сол сар ба як бо-лин монда хобида будем,-силтав зада аз чанголи духтур гиребонашро рањо намуд Саъдї ва њаќорати обдор кард.

Духтур фањмид, ки ин мард њамсари Матлуба аст, ранги рўяш парида, маъни-дорона љониби љавонзан нигарист.

-Ин фарзандбезор нав аз хоби гарон бедор шудааст. Писарашро талаб карда истодааст,-фањмонд Матлуба ва рў ба Саъдї гардонда афзуд:

-Манижаро њамин кас аз панљаи марг наљот доданд.

-Ња, кавалерам гўй,-пичинг зад Саъдї ва аз алам лабашро газид.

-Кавалер не, ману Матлубахон зану шавњари ќонунї шуданием, барои њамин ба дањонат нигоњ карда гап зан,-таъкид намуд духтур.

-Зану шавњари ќонунї мешудаанд! О ман талоќашро надода бошам, чї хел ту ўро ба занї мегирї?! Кадом муллои ањмаќ зани шўдорро ба марди дигар никоњ мекунад?!

-Ин тавр бошад, њозир ту талоќашро медињї, он гоњ Мусо њам бо роњи худ ме-

раваду Исо њам аз пайи рисо-

лати

х у д

мешавад!-Дилат дигар њељ чиз намехоњад?!

Ман зани сар медодагї надорам, брат, метавонї бахтатро дар ягон љойи дигар љустуљў намої,-рост ба чашмони раќибаш нигариста таъкид намуд Саъдї.

Матлубаю духтур дар љояшон шах шуда монданд, зеро њар ду ба хубї медо-нистанд, ки дар њаќиќат мувофиќи тала-боти ислом њатто агар шавњараш чандин сол боз бе ному нишон бошад њам, талоќ нагирифта бо марди дигар никоњ бастани зани шавњардор раво нест.

-Иќрор мешавам, ки аз њолу ањволи зану бачањоям напурсидам, суроѓашон накардам, вале занамро талоќ надодаам. Имрўз аз карда пушаймонам ва мехоњам зиндагиамро бо њамсари поку њалолам ва бачањои дўстрўякам давом дињам. Барои духтарам Манижаро аз марг наљот дода-натон аз шумо миннатдорам. Пул лозим бошад, медињам, вале дигар умеди ба никоњи худ даровардани њамсари маро накунед. Матлубаљон, илтимос, њоло, ки дер нашудааст биё фарзандњоямонро якљоя саробонї кунем. Ягон кас аз зани дуюму шўйи дуюм обрў наёфтааст, ки ману ту ёбем,-зорї намуд Саъдї.

Матлуба солњои дароз аз бевафоию номардии ин мард ранљу ситам кашида бошад њам, њанўз дар як гўшаяки дилаш оташи ишќи аввал фурўзон буд ва суха-нони Саъдиро шунида њамон шарора ду-бора аланга гирифту пас аз каме андеша намудан рў ба духтур оварда гуфт:

-Маро бубахшед, ки шуморо сарсон кардам. Аз ростї ман розї будам, ки њамсари шумо шавам, вале аз афташ худованд инро намехостааст…

-Ман шуморо маљбур карда намета-вонам. Њамин шавњари гурезпоятон ба назаратон бењтар намояд, ихтиёратон,-

даст афшонд духтур ва озурдахотиро-на портфелашро бардошта майли

рафтан кард. -Аќаллан гўед, ки писарам

дар куљост,-пеши роњашро дошт Саъдї.

Духтур дар як вараќча суроѓаеро навишта сўйи вай дароз намуд ва лаб газида гуфт:

-Писаратонро ме-ёбед, агар аллакай њамроњи падару модари наваш ба хориља накўчида бо-шад.

бозгашти пурдард

Матлубаю Саъдї рўзи дигар билети само-

лёт харида њамроњи духтарчаашон Ма-нижа ба Ватан баргаштанд. Баробари ба хона расида љо ба љо намудани чизу чораашон зану шавњар аз рўйи суроѓаи додаи духтур ба љустуљўйи писарашон афтиданд. Кофта-кофта ќарибињои шом суроѓаро ёфтанд, вале дарвозаро ба рўйи Матлубаю Саъдї як зани ношиноси газгўшт кушода бо ќошу ќавоќи овезон пурсид:

-Дар ин шомгоњ ба шумо кї лозим:-Акаи Мањмуд дар хонаанд? Мо хешу

таборашон,- фањмонд Саъдї.-Ин њавлиро мо дирўз аз Мањмуд ха-

ридем. Мањмуду занаш њамин сањар раф-танд. Ба фикрам онњо ба ким-кадом дав-лати хориљї кўчиданд,-зан инро гуфта дарвозаро баст.

Бо њамин дарвозаи умед ба рўйи Мат-лубаю Саъдї баста шуд ва зану шавњар гирёну нолон ба хонаашон баргаштанд.

дар фироќи писарБисёр љустуљў карда бошанд њам,

дигар аз писарашон ному нишон наёф-танд Матлубаю Саъдї. Касе намедонист,

ки Мањмуди миллионер ба кадом шањр кўчидааст. Матлуба чанд маротиба аз шавњараш талаб кард, ки ба љустуљўи Мењрољ ба Амрико равад, вале вай даст афшонда мегуфт:

-Амрико Тољикистон нест, ки дар як рўз тамоми гўшаю канорашро тай бизанї, ман дар он мамлакати калон бе суроѓаи аниќ ба куљо меравам?! Дар Амрико љустани Мењрољ мисли он аст, ки дар уќёнуси беканор як дона сўзанро бикобї…

Зану шавњари дар фироќи писар љигарсўхта њамдигарро гунањкор намуда,

ќариб њар рўз мољарою љангу љанљол ме-карданд.

-Писарамро ба хотири як бўрдангал шуда фурўхтї, ањмаќ, дар ду дунё ман ин гуноњатро намебахшам,-фиѓон мекашид ба сари занаш Саъдї.

-Мардак шуда, агар зану фарзандона-тро соњибї мекардї ва аз паси фоњишањо давида намегаштї, њоло Мењрољљонам бо мо мебуд,-гириста- гириста мегуфт Мат-луба.

Рўзе набуд, ки дар ин хонадон аз ба-рои Мењрољи гумном низоъ нахезад, вале дигар аз ин њама мољарою мушт ба сар заданњо суде набуд.

Корвони умр Худованд шояд барои гиряњои зори

Мењрољи кўчак падару модари санг-дилашро љазо дод, ки дигар Матлубаю Саъдї соњиби фарзанд нашуданд. Акнун ягона тасаллои дили зорашон духтара-шон Манижа буд, ки 17 солагиро пур карда ќадам ба 18 менињод. Солњои бо дарду доѓи фироќ гузашта корвони умри Саъдию Матлубаро ба водии пиронсолї

наздик мекард, Манижа бошад, аз тиф-лаки кўчак акнун ба як нозаниндухтари бо аќлу хушзењну донишманди чолок табдил ёфта буд. Аз он рўзи шуми абадан аз Мењрољ људо шудани модар аллакай 14 сол гузашта буд ва Матлуба гоњ-гоњ ќаду басти зебои ба арўсї расидаи духтараш Манижаро тамошокунон андеша мекард, ки писаракаш Мењрољ аз хоњараш 4 сол калон аст ва ба сини 22 ќадам гузошта, аллакай домоди таппа тайёр шудагист…

(Давом дорад)Нозимова Муниса

ё чаро тўйи арўсии мењрољу манижа вайрон шуд?

мАъшуќАи бАродАр

аз

он рўзи шуми абадан

аз мењрољ људо шудани

модар аллакай 14 сол

гузашта буд ва матлуба

гоњ-гоњ ќаду басти

зебои ба арўсї расидаи

духтараш манижаро

тамошокунон андеша

мекард, ки писаракаш

мењрољ аз хоњараш 4 сол

калон аст ва ба синни

22 ќадам гузошта,

аллакай домоди

таппа тайёр

шудагист…

Page 6: шумораи 24

№24 (748) 18.06.2014 6 Навиштам Номае

Пешнињодњои худро тавассути телефони 238-53-35 ва почтаи электронии [email protected] ирсол намоед.Масъули сањифа Рустам Азимї

дили ошиќамро

нашиКан, миљгона!

Миљгона! Ишќат дар дилам чунон реша давонидааст, ки дигар

зиндагиро бидуни ту њатто тасаввур карда наметавонам. Девонаи чаш-

мони зебову нигоњњои дилрабоят гаштаам. Хаёл накун, ки ишќи ман мисли

муњаббати дигар љавонони њамсолам ба зудї анљом меёбад, ин дарахт дар

маѓзи дилам чунон чуќур реша давондааст, ки љуз дасти аљал дигар касе наме-

тавонад решаканаш созад. Хаёл накун, ки мисли ошиќони хасакї фиребат дода,

баъд бо дигар кас хонадор мешаваму туро дар нимароњи ишќ партофта мера-

вам. Ваъдаи мардона медињам, ки танњо бо ту ќасри ишќамро бунёд хоњам

кард! Бовар кун, ман мардам ва ба ваъдаам вафо мекунам! Ба ишќам содиќ

бимон ва дили ошиќамро нашикан, Миљгонаи оњучашму моњсурати ман!

Ишќ омаду сўзи нав ба ман эњдо кард,

Дар љону дилам шарори нав пайдо кард.

Дилдодаи сад њазор духтар нашудам.

Як духтари Душанбегї маро шайдо кард.

Убайдуллои Њисорї

дарди дилатонро метавонед бо телефони зерин иброз доред:

238-53-35

Саг барин наљаК, нигора!

Нигора! Ту дигар кор надорї, ки рўзи дароз дар ба дари мардум гашта, саг барин мељакї, ки Фарњод зан мегирад?! Чаро ин ќадар ба ман часпида аз пасам ѓайбат карда мегардї? Аслия ин рафторатро фањмад, медонї чї мешавад? Гўратро зинда ба зинда меканад, ањмаќ! Ањли дења аз ту кайњо безор шудаанд, инро медонї ё не?! Корат танњо мардумро туњмат карда гаштан асту халос. «Духтари фалонї бо фалонї мегардад, фалон мардак зани дуюм гирифта-аст, фалон келинчакро шавњараш талоќ додааст» гўён, корат танњо алавмонист. Занњои шавњардорро туњмат мекунї, ки бо мардњои бегона ишќварзї мекунанд. Хайрият гўй, ки дар шањр зиндагї намекунї, вагарна барои туњматњоят кайњо туро ба суд дода, паси панљара мешинонданд, он ваќт оламу одамро мефањмидї! Ба ќавли кампиракон аввал як бор худатро дар оина бубин, баъд ба њоли дигарон биханд. Ба худо, ки намедонам бо ту чї кор кунам, то ин дараља морзабону бењаё шудани духтарро пештар њатто тасаввур намекардам. Магар аз Худо наметарсї, ки ин ќадар одамонро бардурўѓ тўњмат намуда, бадном месозї?! Медонам, ки аз аввал ошиќи зорам будї, вале чи кунам, ки дили одамшиноси ман туро ќабул накард. Аз дасти ту раќамњои телефонамро иваз кардам, то дигар бо зангњои бењудаат асабамро хароб насозї, вале ту њељ ором нагирифтї, ки нагирифтї. Дўстат намедорам, њой дух-тар ту забони тољикиро мефањмї ё не?! Бењуда дар бораи арўси ман њар хел овозаю дарвоза пањн карда нагард, дар ду дунё ман Аслияро монда, туро ба занї намегирам! Дигар худатро бењуда азоб надењ ва ба дасти њар кас бароям туњфа нафирист. Бењтараш туњфањоятро барои домодшаванда дар як кунљи сандуќ љамъ карда мон. Медонам, ту аз он хавотирї, ки њама дугонањоят шавњар карда рафтанду бе шавњар мемонї. Дилшикаста набош, рўзе мерасад, ки ту њам бахтатро меёбї ва соњиби шавњару зиндагии обод мешавї. Фаќат илтимос, маро ба њолам гузор! Бори дигар ба њаёти шахсии ман кордор шавї, аз худат гила кун, духтар!

Фарњоди кангуртї.

духтари эрКа рўзамро Сиёњ Кард

Солњост, ки аз ѓами духтари бероњаам ѓам мехўрам. Бо ягон восита пеши роњашро гирифта натавонистам. Хуни дил шуда, тамоми шароитро барояш муњаё намудам, то аз рафиќонаш паст намонаду таънаи камбаѓалї нашунавад, вале бо ѓамхорињоям ба сарам бало харидам. Духтарам эрка шуда, оќибат бељогардиро пеша намуд. Ягон зарра маро писанд намекунад. Ба гапам гап мегардонад, насињаташ кунам, дарњол «кампири шилќин» гуфта, ба дањонам мезанад. Пада-раш солњои љанги шањрвандї аз дасти яроќбадастон кушта шуду азобу уќубати фарзандон ба сари ман бор гашт. Як писару як духтарро бо чи ќадар азобу уќубат калон кардам, танњо худам медонаму худованд. Дар бозор сабзавот фурўхта, зиндагиро пеш мебурдам. Писарам бачаи ботарбияи бо нангу номус аст ва соли гузашта мактабро хатм намуда њамроњи рафиќонаш мардикорї рафт, вале дух-тарам як офати тапа тайёр! Замони акааш дар хона будан каме аз ў њарос дошт ва бе иљозаташ аз хона берун намерафт, вале аз рўзе, ки писарам рафт, ин дух-тар балои љонам гашт. Дар пеши чашмам бо мардњо чаќ-чаќ карда, баъзеашонро бешармона ба вохўрї даъват менамояд. Љангаш кунам ба сарам њалдарос зада «корат ба ман набошад» мегўяд. Метарсам, ки ба доми мардони айёш афтида, нангу номусашро аз даст надињад. Љигарам аз дасти ин духтари беаќл садпора гашта истодааст. Намедонам чї хел духтарамро аз роњи бад гардонам. Ба баро-дараш занг зада, њама ќилиќњояшро гўям, омада пора-порааш мекунад, нагуям ин духтар торафт бе нўхта шуда истодааст. Бегоњирўзињо мошинњои ќимматбањо назди хонаам омада духтарамро мепурсанду аз шарми њамсояњо замин наме-кафад, ки дароям. Дар назди мардум маро сархаму шарманда кард ин духтари беаќл! Шањлоямро аз роњи бад чї гуна гардонам, мардум?!

Ширинмоњ, аз мањаллаи 7 км

Аз Худо ТАрсед, келин! Њафтаи гузашта номаеро бо унвони «Келини љодугар хушдоманро гадо

кард» хонда, чунон ба ѓазаб омадам, ки агар келини кампири Њусноро дар

наздам мебуд, бўѓї карда мекуштамаш. «Модар чї гуна, духтар намуна» гуф-

таанд, аз афташ модараш њам зани бефаросати аз одаму одамгарї бехабар

будааст, вагарна келини ин кампир рўзи хушдоманро сиёњ намекард. Мода-

рони азиз, пеш аз оне, ки духтареро хостгорї мекунед, аввал аслу насабашро

фањмед ва бо зиндагии хонаводагиашон наѓзакак ошно шавед. Бубинед, ки

духтар дар чи шароите ба воя расидааст ва падару модараш чї гуна ода-

манд, то мисли кампири Њусноро баъди тўй карда овардан келин дар саратон

чормаѓз нашиканад. Духтардоронро лозим аст, ки ба љойи ѓами аз куљо хари-

дани љињози гаронбањои арўсро хўрдан, аввал духтарашонро дар наздашон

шинонда, хуб насињат намоянд ва фањмонанд, ки сирри хушбахтии оилави

дар чист. Келин њурмату эњтироми ањли оилаеро, ки ба он љо арўс шуда мера-

вад, ба љо биёрад, албатта азизи дили хусуру хушдоман ва соњибэњтиром ме-

гардад. Зиндагї чархи гардон аст ва њар чї кардї, њамонро мебинї, њурмату

эњтироми хусуру хушдоманро ба љо оварда бошї, баракат меёбї, вале мисли

келини кампири Њусноро писарро аз модар људо карда бошї, фардо кели-

нат туро ба дидори фарзандат зор ва дар пирї муњтољу дар ба дар месозад.

Ба андешаи ман ягон духтар аз модар морзабон тавлид намешавад, агар

бадахлоќу шаттоњ гашт, пас рафтораш «самараи тарбия»-и модари беанде-

шааш аст. Келини кампири Њусноро агар аз модараш тарбияи солим гирифта,

аз одаму одамгарї бохабар мешуд, њељ гоњ бо хушдоманаш чунин муносибати

берањмона намекард ва дилашро озор намедод. Дар урфият «чор пиру чор

тадбир» гуфтаанд, ки маънояш бе дуои чор пир-падару модар ва хусуру хуш-

доман ќадам нагузор аст. Одатан мо, тољикон дар љашнњои арўсї «Келин њам

фарзанд аст» гўён, љор мезанем, вале фаромўш мекунем ба духтаронамон

фањмонем, ки барои њар як арўс хушдоман њам модар аст. Духтар ягон хато

кунад, магар модар мазамматаш намекунад? Мекунад! Пас, чаро ваќте хуш-

доман эрод мегирад, фиѓону шикваи келин ба фалак мепечад?!

Мехоњам аз минбари «Оила» ба келини кампири Њусноро бигўям:

Фаромўш накун, ки одамизод барои њар як амали носавобаш дар назди

худованд љавоб медињад. Аз дилозорї дида гуноњи бузургтаре нест, пас чаро

дили хушдоманатро, ки маќомаш бо маќоми модар баробар аст, озор медињї,

келин?! Чаро нисбати зане, ки шабњоро бо аллагўйї сањар карда, тифли

кўчакеро ба камол расонида бо сад умеду орзу риштаи таќдири фарзандаш-

ро бо ту пайвастааст, ин ќадар берањмї мекунї?! Оѓўши гарму дарза-дарзаи

пули меовардаи писараш роњати љон, вале модараш гандаю дарди сари

зиёдатї?! Аз Худо тарсед, келин! Мухлиси «Оила» 1081

Page 7: шумораи 24

№24 (748) 18.06.2014 7

Пешнињодњои худро тавассути телефони 238-53-35 ва почтаи электронии [email protected] ирсол намоед.Масъули сањифа Гулнисои њикматулло

Савр (21 апрел - 22 май)

Аз аввали њафта њолати рўњиятон ноором мешавад.

Шояд ваќти истироњат фаро расидааст. Ба рухсатии мењнатї баромада асабњои хароба-тонро табобат кунеду истироњат намоед.

Нимаи дуюми њафта лоињаи наве наќшакашї карда, ба роњбаратон пешкаш мекунеду барои амалї намуданаш маблаѓу ќувваи корї људо менамоянд.

Рўзи љумъа ошиќатон хабари сафар до-штанашро ба шумо мегўяду худашро дар бало мемонад. Агар оромона хабарњояшро тањаммул карданро наомўзед, кулли гапу корњояшро аз шумо пинњон медорад.

њут (21 феврал - 20 март)

Њафтаи нав гўё мурѓи бахт кит-фатонро макон мекунад. Тамоми корњоятон бе ягон азобу шиканља њалли худро меёбанд.

Нимаи дуюми њафта дўсти наздикатон дасту дилашро таќдим мекунад. агар каме њам писандатон бошад, рад накунед, ва-гарна пушаймон мешавед. Рўзи панљшанбе асабонї шуда фишоратон баланд мешавад. Ба њар кор бењуда худро нахўди пеши ќошуќ накунеду асабњоятонро эњтиёт кунед. Даро-мади пулиро ин њафта интизор нашаведу сарчашмањои нави даромадро љўё шавед.

Ин њафта тамоми фикрњою наќшањоятон амалї мешавад. Дар коргоњ каме бодиќќат бошед, вагарна

дар њуљљатњо хатогї рух дода боиси дилсиёњї хоњад шуд.

Нимаи дуюми њафта шарики тиљоратиатон ба чашматон хок пошиданї мешаваду як ќисми даромадро аз шумо пинњон карданї мешавад.

Рўзи љумъа вазъи саломатиятон каме на-здиконатонро ба ташвиш меорад. Аввал аз ташхиси духтур гузаред. Баъд ба табобат машѓул шавед.

Рўзи истироњат дўсти деринатон ба дидор-биниатон меояд.

миЗоН (24 сентябр - 23 октябр)

Њафтаи нав ба наќшањои пешта-ра навигарї ворид мешавад. Аз ин рў

корњои њалталабатонро бо ёрии назди-конатон анљом дињед.

Нимаи дуюми њафта ваќтатонро бо корњои бењуда сарф накунед, бењтараш ба омўхтани забонњои хориљї машѓул шавед.

Инчунин даромади пулиеро, ки бо араќи љабин меёбед интизор бошед.

Охири њафта ошиќатон аз боби оиладорї сухан кушода, шуморо дар њаяљон мегузо-рад.

Рўзњои истироњат каме аз мушкилињо ху-дро дур гирифта истироњат кунед. Телефон ва дигар таљњизотњое, ки асабатонро хароб мекунад аз худ дур кунед.

ќавС (23 ноябр - 21 декабр)

Њафтаи нав чунон серкор мешавед, ки ваќти сархорї намеёбед. Њатман ваќт ёфта бо ошиќатон ба тамошои филм биравед, вагарна беањамиятии шумо боиси сард гаштани муносибатњоятон ме-гардад.

Нимаи дуюми њафта хабари хуше мешунаве-ду хурсандиятонро њадду канор намемонад. Да-ромаде, ки рўзи љумъа ба даст меоред, имкони харидани ашёи орзуњоятонро медињад.

Рўзи истироњат ба тозагии хона диќќат дода, хонаатонро аз ашёи нолозима тоза кунеду каме ба таъмир машѓул шавед.

аќраб (24 октябр - 22-ноябр)

толеъНома

Љаддї (22 декабр - 20 январ)

Њафтаи нав чунон худро хаста њис мекунед, ки коре кардан намехоњед.

Тамоми вохўрї ва корњои муњимро ба њафтаи дигар гузаронед, вагарна ноком хоњед шуд.

Нимаи дуюми њафта дўсти наздикатон аз та-моми сирњоятон бохабар шуда, шуморо таъна мезанаду назди нокасон сарзаниш мекунад.

Даромади калони пулиро рўзи љумъа инти-зор шаведу зуд сарф карданашро ихтиёр на-кунед. Зеро баъдтар барои бартараф намудани мушкилињоятон лозим мешавад.

Омадани ёри роњдуратон шуморо хурсанд хоњад кард.

њамал(21 март - 20 апрел)

Њафтаи нав бо атрофиён зиёд му-ошират мекунед, кўшед бо онњо љангу љанљол накунед, вагарна дар назди дўсту душман ќадратонро паст мекунед.

Нимаи дуюми њафта сирри махфие, ки танњо дугонаатон аз он хабардор буд, ош-кор мешаваду шуморо каме нороњат меку-над. Минбаъд кўшед сиратонро аз чунин дўстони бевафо махфї нигоњ доред.

Даромади пулї охири њафта шумо-ро хурсанд мекунад, инчунин рўзњои истироњат каме худро бо кори хона овора кунед.

Инчунин наздиконатонро фаромўш на-кунеду ба дидорбинияш равед.

СуНбула (24 август - 23 сентябр)

Њафтаи нав шиносоии таќдирсозе дар назар аст. Аз ин рў дар муошират бо шањзодаи орзуњоятон эњтиёт бошеду дар бо-раи худ камтар маълумот дињед, вагарна дар назараш зуд эътибору нуфузи худро гум мекунед.

Нимаи дуюми њафта дар коргоњ ба хатогие роњ медињед, ки ќањру ѓазаби роњбаратонро меорад. Хавфи бекор монданатон аз эњтимол дур нест.

Охири њафта каме асабї мешаведу атро-фиёнро барои оромии худ сарзаниш меку-нед, ки чандон кори нодуруст аст. Даромади

пулиро ин њафта интизор нашавед.

далв (21 январ - 20 феврал)

Ин њафта як ќатор душворињоро пеш меорад.

Сешанбе ошиќи беањдатон бе-вафоиро бањратон раво мебинаду думболи бонуи дигар меравад. Худатонро ба даст бигиреду шиори «сар бошад, тоќї бисёр»,-ро фаромўш насозед.

Нимаи дуюми њафта дар коргоњ барои мењнатњои арзандаатон бо мукофотпулї сарфароз мекунанд.

Рўзи љумъа сарчашмаи нави даромад пайдо мекунед, агар манбаро пинњон дошта тавонед, нонатон болои равѓан мешавад.

Толеънома

аСад (23 июл - 23 август)

Ин њафта сафарњо ва вохўрињои корї хело бобарор анљом меёбанд. Дар коргоњ забони дарозатон дарди

саратон мешаваду сафи душманонатонро ме-афзояд.

Нимаи дуюми њафта мушкилоте пеш мео-яд, ки бидуни маблаѓ њал карда намешавад. Агар пул надошта бошед, аз дўстонатон ќарз бигиред.

Охири њафта агар каме аќлатонро кор фар-моед, бо мењнати њалол даромади калонеро ба даст меоред.

Рўзи истироњат каме ба ањли хонаводаатон ањамият дињеду ваќтро бо онњо гузаронед.

СаратоН (22 июн -22 июл)

Ин њафта дар њаёти саратонњо навгонињо дар назар аст.

Сешанбе ошиќи ранљидаатон боз барме-гардаду аз пушаймонї сухан мекушояд. Агар дўсташ доред ўро бахшеду ояндаатонро обод кунед.

Нимаи дуюми њафта ќарзњоятонро барме-гардонанд. Њатман барои бартараф намудани камбудињои рўзгор як ќисмашро сарфа кунед.

Рўзи љумъа омадани мењмонњоро интизор шаведу онњоро наѓз мењмондорї кунед.

Рўзњои истироњат бо ањли оилаатон берун аз шањр рафта истироњат кунед.

ЉавЗо (23 май - 21 июн)

Њафтаи нав худро бенињоят чо-локу боќувват њис мекунеду тамоми

корњои њалталабро анљом доданї меша-вед. Вале набояд тамоми душворињоро ба гардани худ бигиред.

Нимаи дуюми њафта муносибат бо њамкоратон сард мешавад. Сабаби асосиро дар худ наљўеду вазъиятро зери назорат биги-ред, барои ба даст овардани дили роњбаратон тўњфаи хурдакакеро таќдим карданатон хуб аст.

Охири њафта барои љавзоњое, ки љойи кора-шонро иваз кардан мехоњанд айёми хуб фаро мерасад.

Рўзњои истироњат даромади калонеро инти-зор шаведу як ќисмашро пасандоз кунед.

Зодрўз муборак!

Њамкасби азиз Рўзибой Хо-лов! Шуморо бо рўзи мавлудатон самимона табрик гуфта, бароятон барору комёбињои касбу кор, эљодњои рангин аз илњоми саршор, солимии рўњу љон ва амалишавии тамоми орзуњоятонро хоњонем.

Саршор аз илњом бошед!Талабам зи олам ин аст,

ки ѓами љањон набинї,Рањи кулфате надонї, дили хунчакон набинї.Хатаре ба рўзгорат, зараре ба љон набинї,Ту ба ѓунчањои хандон, дили бехазон набинї.

Бо таманно ањли эљоди «Оила»

Page 8: шумораи 24

№24 (748) 18.06.2014 8

хўриши «Саломатї»мањсулоти лозима:

1 лаблабўи хом, ним калла карам, 1 пиёз, 2 ќошуќ майонез, намак, мурч

тарзи тањия:Лаблабўро аз тарошаки сурохињояш васеъ гуза-

ронида, карамро мањин реза кунед, пиёзро низ. Ба ин сабзавотњои реза майонезу намаку мурч илова карда, њамаашро омезед, хўриш тайёр мешавад.

ошхоНаи "оила"

Масъули сањифа Нодира Раљабова Пешнињодњои худро бо тел: 238-53-35 ва почтаи электронии [email protected] ирсол намоед.

-Ба мењмонии «Ошхонаи Оила» хуш омадед!

-Ташаккур! Шодам, ки мењмони чунин нашрияи бо-нуфуз гаштам.

-Мухлисонатон таоми дўстдоштаи Шабнамро донистан мехоњанд…?

-Манту ва тушбераро ме-писандам.

-Кї бароятон манту ме-пазад?

-Худам мепазам. Модарам аз кўдакї мантупазиро ба ман ёд дода буданд.

-Мантую тушберапазї њунари серташвиш аст, магар Шабнам барин бонуи серкор барои омода карда-ни чунин таъомњо ваќт меёбад?

-Наход инсон кор гуфта аз корњои ошхона дур монад? Серкор бошам њам, ваќт ёфта барои шавњару писарчаам Шањромљон манту мепазам.

-Хўроки дўстдоштаи Шањромљон чист?

-Азбаски Шањромљонам хўрдани шириниро дўст

медорад, модараш барояш тортњои «Сникерс» ва «Санг-пушт» мепазад. Аслан пи-сарчаам камхўрок аст. Ба ху-дам рафтааст. Модараш дар кўдакї бе иштињо буд. (ме-хандад)

-Шавњаратон аз тамъи хўроки пух-таатон норозигї намояд, чї кор ме-кунед?-Барояш хўриш

тайёр мекунам ё теза-как таъоми дилхоњашро

мепазам, то мардакљонам дилхунук наша-вад.

-Коре, ки бад мебинед?-Чалфасиро хуш надорам.

-Ба хонаатон мењмон ояд, чї мепазед?

-Тамоми њунари кадбонуги-ямро сарф намуда, хўрокњои болаззату ширинињои дар дањон об мекушодагї мепа-

зам, то аз хонаам хурсанд равад, чунки мењмон атои ху-дост.

-Аз кор гуруснаву монда баргардед, хуши хўрок пух-тан мекунед?

-Сахт гурусна бошам, аввал як истакон ќањва менўшаму баъд ба ошхона медароям. Ќањва хастагиву гуруснагиро рафъ месозад.

-Дар ояндаи наздик чї наќшањо доред?

-Мехоњам орзуи бузургта-ринам дар Кохи Борбад кон-серт доданро амалї намоям.

-Бармегардем сари мавзўи кадбонугї, барои хонандагон ва мухлисони бешуморатон имрўз чї ме-пазед?

Масъул Рустам

њамаи мо фасли тоби-стонро дўст медорему ома-данашро бесаброна интизор мешавем, вале пўстамон аз фасли гармо шод намеша-вад. Барои пўст чангу хоки тобистон, гармову офто-би сўзон мушкилоти љиддї аст. Дар фасли тобистон чї хатарњо ба пўст тањдид меку-нанд ва ин давраи душворро чї тавр бояд паси сар на-муд?

рагњои рўй васеъ мешаванд

Дар рўзњои тафсон беморињои рагњои хунгарди пўст зиёд мешавад, зеро аз таъсири гармо рагњо васеъ ме-шаванд. Рагњои хунгарди шумо ба пўст наздик љойгир бошанд, дар пўсти рухсораву ќантараки бинї тўрчаи рагњоро мебинед. Дар ин њолат аз малњамњое истифода бубаред, ки дорои арник, чойи кабуд, каштан, на-старан, донаки ангур, макада-мия бошанд.

Њангоми беморињои рагњои хунгарди пўст венотоникњоро истеъмол кардан зарур аст. Он аз моддаву витаминњое ибо-рат аст, ки рагњоро баќувват мекунаду аз заифшавї эмин медорад.

рихинаки пўстДар рўзњои тобистон бо са-

баби зиёд људо шудани чар-би пўст дар рўй наракњо ва доначањои сурх пайдо меша-ванд.

чї бояд кард?Пўсти рўйро аз чарбу чанг

ва дигар ифлосињо, ки дар њавои гарму тасфон зиёдтар мешаванд, тоза кунед. Хеле муњим аст, ки сўрохињои пўст аз чарб тоза шуда, пўст на-фас кашад. Барои шустани рўй аз собуни сахт истифода на-баред, он метавонад чарбро бештар људо созад. Бењтар ме-буд, ки пўсти рўйро бо мањлули поксозї, гел ё маѓзобаи махсус тоза намоед.

Аксарияти косметологон дар тоза кардани пўсти рўй ис-тифода намудани мушкобњои спиртдорро тавсия намедињанд, вале мањлулњои спиртдор таъ-сири зиддибактериявї доранд. Пас аз мушкобњои спиртдор дарњол малњами нармкунан-даи рўзонаро молед, таъсири манфии спирт кам мешавад. Бештари ваќтатон дар корхона гузашта, имкони тоза кардани рўятонро надошта бошед, аз салфеткањои махсус барои пўсти равѓанинро истифода баред.

упо намоледБо сабаби гармии њаво

пўсти рўй ялаќос мезанад. Барои гум шудани љилои равѓанини рўй чї бояд кард?

Барои рафъ намудани љиллои равѓанини пўсти рўй упоро истифода набаред, чун-ки сўрохињои пўстро мањкам мекунад ва илова бар ин, бо чарби пўст омехта шуда, чењраатонро дар назар пиру безеб мегардонад. Барои рафъи ин мушкил бењтараш пўстро бо мушкоби беспирт, тоник ё салфеткањо тоза кунед.

њавои хушкДар тобистон њаво бењад

хушк мешаваду эњсоси кашида шудани пўст ба вуљуд меояд. Чї бояд кард?

Аз малњамњои нармкунан-даи пўст истифода баред, ху-сусан ниќобњое, ки дар асоси обсабзњои бањрї омода шу-даанд, пўстро хеле хуб нарм месозанд. Косметикаеро исти-фода баред, ки аз мочевина, глитсерин, пироглутамат на-трий, намакњои минералии ка-лий, магний, фосфатњо иборат аст. Ин моддањо намиро дар пўст нигоњ медоранд.

Хеле муњим аст, ки на-миро дар ќабати болоии пўст нигоњ дорем, аз ин лињоз малњам бояд дорои равѓанњои растанї-бодом, зайтун, до-наки ангур, гандум, дарахти ши, дарахти арган бошад. Ин равѓанњо хусусан барои пўсти хушку њассос муфиданд, чунки дорои витамини Е ва каротин, љавњари равѓанини Омега-3 ва 6 мебошанд.

таъсири офтобАз таъсири офтоб пўст

осеб ёфта, аз доѓи кунљитаку доѓњои пигментї пур мешавад. Чї бояд кард?

Аз малњамњои аз офтоб њифзкунанда истифода баред. Малњами њифзкунанда до-рои алюминї ва синк бошад, бењтар аст. Синк пўстро хушк месозад, аз ин лињоз ба на-фарони пўсташон равѓанин тавсия дода мешавад. Дар фасли тобистон пилингро тав-сия намедињем. Бењтараш ин амалиётро то тирамоњ мавќуф гузоред. Пўстатон дурушту сўрохињояш мањкам шуда бо-шад, аз ниќоб –гоммажњои дар асоси гили косметикї омодашуда истифода ба-ред. Њангоми њифз намудани пўсти рўй аз офтоб фаромўш насозед, ки лабњоятон њам ба муњофизат ниёз доранд. Аз лабсурхкунаки гигиенї ё декоративї истифода баред. Азбаски ба пўсти атрофи чашм малњами муњофизатї молидан мумкин нест, ба пўсти ин мав-зеъ малњами оддии рўзонаро молед. Њатман дар тобистон айнаки муњофизатї пўшед. Ин айнакњо нури офтобро намегу-заронанду на танњо нури чашм, балки пўсти рўйро низ аз чинњо њифз менамоянд.

хўриши

«тортанаК»мањсулоти лозима:

Гўшти мурѓ, 2 помидор, 2 тухм, 150г панир,

180г писта, 1 бодиринг, 200г майонез

тарзи тањия:

Гўшти мурѓу тухмро дар об пухта аз устухо-

ну пўсташ људо ва чоркунља реза кунед. Писта-

ро майда намуда, панирро аз турбтарош гуза-

ронед. Помидору бодирингро чоркунља реза ку-

нед. Аввал гўшти мурѓро ба табаќ тунук карда,

майонез моледу аз болояш тухмро тунук карда,

майонез молед, сипас бодиринг ва баъди он

панир, майонез, помидорро болои њам тунук

карда, хўришро бо майонез ба шакли хонаи

тортанак оро дињеду пистаи кўфта пошед.

«ХорпушТАкњо»-и бомАзАи шАбнАми Тољиддин

-ќандинаи

«хорпушт»мањсулоти

лозима:1 ќуттї маргарин

3 зардии тухм

содаву сирко3 ќошуќ ќаймоќ

(сметана)

тарзи тањия:Аз маргарини об-

шуда, тухм, содаву

сирко ва ќаймоќ ха-

мир шўрида, аз ха-

мир шакли хорпушт

месозем ва дар тафдон мепа-

зем. Барои глазур 0,5 ќошуќ шир, 50 г равѓани маска, 1

стакон шакар, 3 ќошуќ какоро омехта намуда 1-2 даќиќа

мељўшонем. Хорпуштњои пухташударо ба глазур тар

карда, ба вафлии кўфташуда мељўлонем. Ќандинаи мо

омода шуд. Иштињои том!

мушкилоТи пўсТ дАр ТобисТон

аСрори зебої

Page 9: шумораи 24

№24 (748) 18.06.2014 9муњоЉир

Масъул: Рустам

Як сол боз дар шањри Москва таксист шуда кор мекунам. Як шаби боронї як марди русу ду духтараки љавон мошинамро манъ карданд. Борњояшон зиёд будааст, бо азобе чизу чораашонро ба бордони мошин бор карда, онњоро ба љои гуфтаашон бурда расондам. Се њазори русї дода, рањмат гуфта рафтанд. Бо андешаи он, ки дар чунин шаби боронї дигар касе дар кўча намегардад, мошинро сўйи иљорахонаам рондам. Сахт хаста шуда будам, хўрокамро хўрда, дарњол сар ба болин гузоштам ва чї тавр сањар шудани шабро нафањмида мондам. Субњ њангоми мошиншўї чашмам ба њамёне афтид, ки дар зери нишастгоњи ќафо афтида буд. Хам шуда онро гирифтам. Аз дарунаш як бандча саддолара баромад. Њисоб кардам 50 њазор доллар будааст. Азбаски чунин пули калонро дар умрам бори аввал медидам, њуш аз сарам парид. Пойњоям ба ларза даромад. Як њафта пулро нигоњ доштам, вале касе ба суроѓаш наомад. Худо ба мани камбаѓал дод гуфта, њафтаи дигар ба бозор рафтам ва мошини нави «BWM Х6» харидам. З њазор доллари дигарро ба њамсарам фиристодам, то барои мењмонхонаамон мебелњои зебои ќимматбањо харад. Боќимондаи пулро ба киссаам зада ме-гаштам. Аз байн чанд рўз гузашта буд, ки тамѓаи мошини пешта-раам дар интернет пайдо шуд. Соњибони пул тариќи Интернет аз ман талаб доштанд, ки пулашонро баргардонам, вагарна њолам бад мешавад. Њайрон мондам, ки чї кор кунам, зеро нисфи пулро сарф карда будам. Медонистам, ки бо кўмаки полис ба зудї маро меёбанду ба паси панљара мекашанд ва мисли барги бед меларзидам. Гумонам рост баромад, рўзи дигар дарамро кормандони орган кўфтанд. Соњибони бор маро дидан баробар шинохта, гиребонамро дошта, талаб карданд: «Верни деньги!» Бо сари хам 20 њазор доллари дар дастам бударо бароварда до-дам ва зорї намудам, ки маро ба зиндон накашанд, боќимондаи

маблаѓро ёфта медињам. Мошинамро кашида гирифтанд ва як њафта муњлат доданд. Гирёну нолон аз рафиќонам ќарз гирифта, боќимондаи пулро додам. Кормандони прокуратура низ аз фурсат истифода бурда, боз 5 њазор доллар талаб карданд. Хуллас, љонамро бо як азоб аз њабсшавї наљот додам, вале ба ќарз ѓутидам. Имрўз бо азобњои алим бо њамон мошинчаи назарногирам таксї зада, кам-кам ќарзамро бар гардонида истодаам. Пули муфт маро ба гирдоби бало гирифтор кард. Бењуда намегўянд, ки чизи кас ба кас фаво намекунад, кошкї њамон пулњои лаънатиро нигоњ медоштаму ба чунин њол намеафтидам.

Субњони ѓариб.

Сайриддин ном дорам ва

зодаи данѓараам. Се сол

боз дар шањри Якутияи

федератсияи русия

мардикорам. Кори доимї, ки дорам, соле танњо як

маротиба ба аёдати волидонам меояму

халос. Панљ сол пеш модарам ба љону

њолам намонда, духтари таги чашм-

кардаашонро ба ман келин карданд.

Занамро дўст намедоштам, вале барои

наранљонидани модарам ба лаб мўњри

хомўшї зада, барзагови шохаш бастагї

барин, маљбуран зиндагї мекардам.

Ваќте ба Русия рафтаму оламу одам ва

занњои дилкаши тозаю озодаро дидам,

дилам бештар аз зани ќишлоќиам хунук

шуд, вале бо андешаи он, ки њар чи

њам набошад, њамсарам хизмати мода-

рамро мекунад, сир бой надода мегаш-

там. Алесяи соњибљамолро дар Русия

ба занї гирифтам. Њар ду њамкорему

субњ якљоя рафта, шом дастобадаст

ба хона бармегардем. Марди хушбахт

будам, то ваќте ки ба Тољикистон ома-

дем. Њар моњ маошамро тариќи бонк ба

волидонам равон мекардам ва падару

модару њамсарам аз чизе шикоят надо-

штанд, аммо як беаќлиам ба сари бахту

зиндагии оромам об рехт. Алеся зиёд

мехост Тољикистонро бубинад. Медо-

нистам, ки зани дигар доштанамро

фањмад, зани тољикам оламро оташ

мезанад ва бо њар бањона Алесяро

фиреб карда, сафар ба Ватанро ба

таъхир мегузоштам. Имсол рухсати-

ямон ба як моњ рост омад ва њарду

ќарор додем, ки ба сайри олам меба-

роем. Мехостам зани дўстдоштаамро

ба Амрико тамошо барам, вале Алеся

ба љону њолам намонда «Амрикоро не,

Тољикистонро дидан мехоњам» гуфт

ва ман ночор чипта харидам.

Падару модару њамсарам хур-

санд шуданд, ки ба дидорбиниашон

меоям, бехабар аз он, ки онњоро

«сюрприз» интизор аст. Аз дарвозаи

њавлиамон даромадан баробар бо

њамсарам Тољинисо рў ба рў задем.

Маро бо зани бегона дида, чашмо-

наш даври об шуданд ва њатто салом

надода, борњоро аз дастам гирифту

гирён ба хона даромад. Падару мо-

дарам ба пешвозам баромада, маро

гарм ба оѓўш гирифтанд, сипас бо

Алеся салому алек карда, оњиста аз

ман кї будани ин духтаракро пур-

сиданд. Дурўѓгўиро ба худ эб нади-

да, занам буданашро ошкор намудам.

Њамсарам Тољиниссо ин гапро шу-

нида фиѓон кашид ва либосњояшро

љамъ карда, баромада рафт. Мода-

рам њарчанд кўшиш карданд, келина-

шонро аз роњаш гардонда натавонист.

Алеся ба чизе сарфањм нарафта, хуб

шањрро тамошо карда гашт. Зани ру-

сам бо модарам зуд унс гирифта ба

њама корњояш ёрї мерасонад, вале

ман аз он дар ташвишам, ки баъди

рафтани мо бечора кампир чї кор

мекунад. Хуб буд ё бад, ба њар њол

Тољиниссо кору бори хонаро карда,

дасти модарамро сабук менамуд,

вале акнун…

Сашкаи данѓарагї

Аз русия зАн овАрдАму….

Хонандагони азиз! њафтаномаи «Оила» барои муњољирони тољик, ки дар Русия њастанд ва ањли хонаводањояшон сањифаи наверо

бо унвони «Муњољир» боз мекунад. Инак, се номаи пурдар-дро аз ин силсила пешкашатон месозем. Шумо њам гуфта-

ние ба азизонатон дошта бошед, њатман ба сањифаи «Муњољир»-и «Оила» нависед. Мо номањои ба пай-

вандони дар Русия будаатон тааллуќдоштаи шу-моро дар њафтавори «Оила-Россия» ва розу

ниёзи љигарбандони дар Руссия будаатонро дар њар шумораи «Оила» нашр намуда, ми-ёни шумоён робитаи наздикро тариќи газе-та барќарор менамоем. Интизори номањои шумоём! Телефонњо барои маълумоти муфассал:

238-53-35 ва 985-81-89-81

пули муфт балои љонам шуд

Писарам Амалиддин шаш

моњ пеш аз љанги шањрвандї ба

Русия рафта бо њамин гумном

шуд. Аз забони бачањои њамсоя

шунидам, ки дар Чиркисбозори

Русия чекчин будааст. Хурсанд

шудам, ки писарам кор карда

ба Ватан бармегардад, вале

хаёлам хом баромад. Омада-

ну пул фиристоданаш он та-

раф истад, Амалиддин њатто

ягон бор занг њам намезанад.

Аз писарам хавотир шуда дари

чандин идорањои муњољиратро

кўфтам, вале суде нашуд.

Аксњояшро дар сомонањои

интернетї пањн намудем, то ба

чашмаш афтаду ба хонаамон

баргардад, аммо натиља надод.

Шиносњо писарамро дар Русия

дидаанд ва мегўянд, ки Ама-

лиддинро дар он љо бо номи

«Алик» мешиносад. «Буќа»-и

бозор шуда будааст. Модари

зораш рўи бистари беморї хоб

аст ва роњи писари бе мењру бе

шафќаташро мепояд, аз ин хо-

тир ќалам ба даст гирифтам, то

бо кўмаки њафтаноми «Оила»

дарди диламонро ба Амалид-

дин расонам. Писарам, агар

чашмат ба мактуби мо афтид,

зуд бору бандатро љамъ кар-

да ба Ватан баргард, ки мо-

дарат дар њасрати рўи ту љон

медињад. Умед дорем, ки дидо-

ри ту модарамро аз панљаи марг

рањої мебахшад. Кўки чашмо-

намон аз роњпої канд, илтимос,

беш аз ин ранљамон надењ!

Диламонро хунчакон кардааст

бемењрињоят. Рўзи рафтанат

гуфта будї: «Маро мепарро-

нанд, агар дар ин љо монам.

Хубтараш шумоёнро тарк меку-

нам ва рўзе њатман ба наздатон

бармегардам!» аз миён чандин

сол гузашт ва њама муштзўрон

љазояшонро диданд, чаро ту

то њол љуръати ба Ватан бар-

гаштанро намекунї? Отши љанг

кайњо хомўш гашта, тарафњо

њамдигарро бахшиданд, ди-

гар касе гурбаи касеро пишт

намегўяд, писарам. Њељ кас ба

ту зарар намерасонад, баргард

љони падар, то модарат аз ин

дунё ормонї наравад!

Падарат Мирзодавлатов

Бањриддин. Нишонї:

кўчаи Спартак 86-паси

буќќА бошї њАм, бАргАрд АмАлиддин!

Page 10: шумораи 24

№24 (748) 18.06.2014 10 чорСўи ЗиНдагї

(Давомаш. Аввалаш дар шуморањои гузашта)

Холаи Сафармоњ њавлирўбиро ба охир расонда, љорўби дасташро ба шаст њаво дод. Љорўб ба љойи он, ки дар рўйи замин афтад дар танаи девор зада, рост истод. «Ин ни-шонаи хуб нест» аз дил гуза-ронд кампир. Ин дам келинаш Санавбар куртаи васеъ дар бар аз хона берун шуд. Санавбар ваќтњои охир њамеша пероњани васеъ мепўшид, то шиками ан-даке дамидааш ба назар нана-мояд. Баробари ба рўи њавлї баромадан чашми Санавбар ба љорўби дар девор рост ис-тода афтиду дилаш тањ каши-да, зери лаб пичирос зад: «Ягон бало дар пеш аст!» Сафармоњ љумбидани лабњои келинашро мушоњида намуда, пурсид:

-Санавбар, барои чи худ ба худ гап мезанї?

-Мегўянд, ки љорўби дар де-вор рост истода хосияти хуб надорад,-сўйи љорўб ишора на-муд Санавбар.

-Эњ, ин љорўби сабилмондаро њаво додам, худаш дар девор рост истод. Худо кунад, ки ягон гап набошад. Тезтар хонаи Сат-тори њамсоя рав, як бача ома-дааст, мегўянд, ки Шоњинро дар Русия дида будааст. Пурс, ки чї хабар овардааст.

-Худатон равед бењтар нест? –лабашро инљ кард Санавбар, ки бо шунидани номи Шоњин ба танаш мурѓак дамида буд.

-Дилам намебардорад. Худо накарда, ягон хабари нохуш бо-шад, љо ба љо мемурам. Њозир духтари Саттор омад, ки як љўраи акааш аз Русия омада-асту гўё дар он љо Шоњинро њам дида будааст. Падараш фири-стодааст, ки худамон рафта аз он бача гап пурсем. Ту рафта бин, ки чї мегўяд.

Санавбар ноилољ «њозир» гуфта барои гирифтани попўшаш ба дањлез даромад. Сафармоњ баъди ба хона да-ромадани келинаш ба сутуни айвон такя карда нишасту худ ба худ андешид: «Рафтори ин духтар ваќтњои охир дигар шудагї барин. Пештар бо зарда ба гапњоям љавоб медод, таъ-на мезад, ки писарат келинча-ки чилрўза нашударо партофта рафт, њозир бо андак хиљолат гап мезанад ва њар чї гўям, розї мешавад. Аљиб, ин љо чї сир бошад? Аз Шоњин имрўз

расо 9 моњу 14 рўз шуд, ки ягон гапу хабар нест. Илоњо сињату саломат бошад…»

Сафармоњ њељ дар гўшаи хаёлаш њам ѓунљонда намета-вонист, ки келинаш, ки љияни худаш аст, метавонад нисбати писараш хиёнат кунад. Санав-бар аксар ваќт дар хона, танњо гоњ-гоњ пурсида ба духтур мера-вад ва ё ба хонаи модараш. Их-тиёраш, шавњараш ин љо нест, келини љавон аст, бигзор ба њар куљое хоњад, равад, фаќат зиќ нашавад кифоя аст. Санавбар кафш дар по аз дар берун шуда пурсид:

-Хола, аз он бача чї пурсам?-Пурс, ки Шоњинро дар

куљо дидааст. Чаро Шоњин аз ањволаш хабар намедињад. Мабодо телефонашро донад, раќамашро дињад, худамон ба ў занг мезанем. Хулоса, њар чизе, ки дилат хоњад, њамонро пурс!

Сафармоњ оњи бадарде кашида пойњояшро пештар лаѓжонда ба сутун бањузуртар такя намуд.

Санавбар аз дарвоза баро-мада ба самти чапи кўча равон шуд. Се хона пас хонаи Саттори «валангор» буд. Мардум ўро ба-рои он, ки дар њар љумлаи гуф-тааш калимаи «валангор»-ро истифода мебурд, Саттори «ва-лангор» мегуфтанд. Се писа-ри Саттор дар Русия буданд ва зиндагии ањли оила аз њисоби бачањои муњољирашон хуб ме-гузашт.

Санавбар ба назди дарвозаи пурнаќшу нигори Саттор омада, аз даричаи хурд вориди њавлї гашт. Дар зери хавозаи токи ми-ёни њавлї Саттор ва як љавони ношинос чой нўшида мениша-станд.

-Биё, келини Сафармоњ, ба ин љо гузар,-ба Санавбар љой нишон дод соњибхона.-Хушдоманат наомад?

-Мазаашон не, дилашон тез-тез мезанад, барои њамин маро равон карданд.

-Хайр, њељ гап не, Абдусамеъ аз назди Бањромљони мо омада-аст. Онњо як муддат як љо кор мекардаанд. Аз гап гап барома-ду гуфт, ки боз як њамќишлоќи шумо њамроњамон буд ва номи Шоњинро гирифт. Ман аз шуни-дани номи Шоњин хурсанд шуда, гуфтам, ки аз он бача ќариб як сол мешавад, ки хату хабар нест. Барои њамин хостам, ки бо мењмони мо вохўрда дар куљо

будани шавњаратро пурсед.-Салом, хоњар,-ба гап сар

кард Абдусамеъ, ки љавонмарди таќрибан 35-40 сола буд.-Ягон њашт моњ пеш мо бо Шоњин дар як љо кор мекардему як љо мехо-бидем. Баъд…баъд ў ба касал-хона афтид.

-Касал шуд?-беэътиноёна пурсид Санавбар

-Не, ўро дар роњ ким кадом русњои бадмаст задаанд.

-Баъд чї шуд?-Мо як бор рафта хабар ги-

рифтем, аммо баъд љои кора-монро дигар кардем. Ба шањри дигар рафтем, барои њамин на-медонам, ки таќдири Шоњин чї шуд. Наход то њозир ягон бор телефон накарда бошад?

-Не, телефон њам накарда-асту пул њам нафиристодааст. Очаи пираш њар рўз интизори ягон хабар, аммо то њол дар бораи ў ягон хату хабар на-буд, -инро гуфта Санавбар, ки дар лаби кат амонат нишаста буд, аз љояш бархостанї шуд, аммо Саттори «валангор» ўро бо ишораи дасташ нигоњ дошта гуфт:

-Ин љо шин духтарам. Хайр, хушдоманат-ку бечора кампир аст ва ќуввати гашту гузору љустуљўи Шоњинро надорад, ба-рои чї худат аз пайи љустуљўи шавњарат нашудї? Баъзе занњо шавњарњояшонро кофта то Ру-сия мераванд. Шумоён навхона-доред, чаро ин корро накардї?

Санавбар чанд лањза хомўш монд, сипас сарашро бардошта гуфт:

-Шоњинро аз куљо кобам? Ман як зани муштипар…

Ин дам даричаи дарвоза боз гардида дар даромадгоњ холаи Сафармоњ намоён шуд. Баро-бари дидани њамсояаш Саттори «валангор» аз љояш бархоста гуфт:

-Биё, очаи Шоњин. Келинатро фиристодию худат наомадї?

-Дилам тоќат накард, бинам гуфтам, ки кї аз назди писари ман омадааст…

Санавбар баробари дида-ни холааш худро ба як канор гирифта, мисли он, ки дар ин љо ба касею чизе коре надошта бошад, аз дарвоза баромаданї шуд, вале Сафармоњ ба ў оми-рона гуфт:

-Нарав, ин љо ист, канї бинем, ки ин бача чї мегўяд…

(Давом дорад) А. ЊОЉЇ

Њама гуна беморињои илтињобї боиси баланд шуда-ни њарорати бадани кўдакон мегарданд. Табби баланд аксуламали организм буда, њангоми афтодани микроб ва вирусњои беруна ба љисм ба вуљуд меояд. Њарорати баланд кўдакони то яксоларо асабї ва гирёнчак месозад. Тасфкунї кори рўдањоро вайрон карда, боиси зањролудшавии умумии организм мегардад. Њарорати баланд аз он сабаб хатарнок аст, ки метавонад боиси сар задани беморињои шадид, аз љумла шайтонамиш (судороги) ва варами маѓзи сар гардад. Волидон њангоми баланд шу-дани њарорати бадан ба кўдак бояд бо ин тарз ёрї расонанд:

- Њарорати бадани кўдак аз 37, 5-38,0 боло набо-шад, метавонед аз доруву њабњо истифода набаред. Нўшонидани нўшокии зиёд кўдакро аз ин њолат меба-рорад.

- Кўдакро аз табби баланд агар шайтонамиш бигирад, кўшиш намоед, ки тезтар ягон доруи зудтаъсир дода, тас-фашро фарореду тифлакро зуд ба беморхона баред.

- Дар њолати баланд шу-дани њарорати бадан кўдак ба нўшокии зиёд эњтиёљ до-рад, бинобар ин ба фарзан-датон бештар оби љўшонидашуда, шарбат, чой, мањлули регидрон дињед. Меъёри нўшокї ба њар як киллограмми вазни кўдак 10 мл рост аст. Нўшонидани нўшокињо ва обро то ваќте давом дињед, ки њарорати бадани кўдак ба 37 расад.

-Нўшонидани шир ва оби гўшт, њамчунин чочак додан ба кўдаки тасфдошта мумкин нест, зеро боиси ќайкунї, дар-ди шикам ва дарунравї ме-гарданд.

- Њарорати бадани кўдак аз 38 боло бошад, метаво-нед ба сараш латтаи тар ё дигар намуди хунукиро гу-зоред. Додани њабњои зидди њарорати баланд айни муд-даост.

-Либосњои кўдакро кашида бо мањлули спирт ё спирти бо об омехташуда танашро тар кунед. Спирт надошта бо-шед, метавонед обу сиркоро ба миќдори баробар омехта карда, истифода баред. Сирко набошад, оби љўшонидашудаи ширгармро ба сару тани кўдак молед.

- Сару танаи кўдак гарму дасту пойњояш хунук бо-шанд, кашишхўрии мушакњо ба вуљуд меояд. Кашишхўриро њатман бояд аз байн бурд. Барои ин ав-вал дасту пойњои хунукшу-даи кўдакро гарм карда, си-пас дорувории пасткунан-даи њароратро нўшонед. Вобаста ба синну соли кўдак табибон дар ин мав-рид њабњои «Но-шпа» ва «Папаверин»-ро тавсия медињанд. Одатан пас аз гарм шудан либосњои кўдакро кашида, њарораташро бо усулњои дар боло номбаркардаамон мефароранд.

- Њ а б њ о и њ а р о р а т п а с т к у н а н д а ю зиддиилтињобие, ки махсус ба-рои кўдакон тавсия шудаанд, муфиданд. Њаб таъсир на-расонад, метавонед ба кўдак сироп нўшонед. Сироп фоида накунад, аз шамъдоруњои зид-ди њарорат (свечї) аз љумла «Панадол», «Нурофен», «Се-фекон» истифода баред. Шамъдоруњоро аз рўдаи ќафо мегузоранд.

-Агар баъди њамаи ин амалњо њарорати бадани кўдак бетаѓйир монад, њатман фарзандатонро ба духтур баред.

р/ССолњои пеш бибию

бобоњои мо њангоми тафси баланд ба кўдакон њаби «Аспирин» медоданд. Дода-ни ин дору барои паст кар-дани њарорат ва сироятёбї ба кўдакони то синни 18 сола имрўз манъ карда шу-дааст.

Р.Холов

ТАбби кўдАкро чї гунА мефАрорАнд?

Фарзандонамро њамеша эњтиёт мекунам, вале бо ин њама ѓамхорї баъзан шамол хўрда, таб мекунанд. Медо-нам, ки њарорати баланд барои кўдакон хавфнок аст. Ме-хостам роњњои осони фаровардани њарорати баланди кўдакро омўзем. Илтимос, ба ман маслињат дињед.

Њавасмоњ Зарипова, н. Вањдат, хонашин

ишќи Тиллоии муњољири Тољик

Page 11: шумораи 24

№24 (748) 18.06.2014 11таќдир

д а с т и н а в о з и ш и

соњибхона рўйи соќи пойњояш хазид. бойбобо мисли

гурбаи ногоњ гўшти лањм ёфта, лабонашро бо њавас лесида, пойњои

љавонзанро мањин-мањин сила мекард ва кайфияташ торафт баландтар шуда,

чашмонаш аз шиддати эњсосот хуморї мегаштанд. дасти мард рўйи зонувонаш сайркунон торафт болотар мерафту бадани љавонзан виљирос мезад. Саодат дар дилаш њазор бор ба хусуру хушдомани беномусаш лаънат мехонд, ки барои пулу моли дунёї ва аз паси панљара озод кардани писари

бангиашон келинашонро бо дасти худашон ба чунин гирдоби бадномї афканданд….

(Давомаш. Аввалаш дар шуморањои гузашта)

-Аз дасти ин Бойбобо ягон кор намеояд, фаќат барои тасаллї…

-Илтимос, бас кунед! Ман дигар тоќати шунидани ин гапњоро надорам. Мемураму ба шавњарам хиёнат намекунам, ба миёни гапи хушдоманаш ла-гад зад Саодат.

-Эњ, духтари сода, хиёнат на-мекунам гуфта як умр болиш-тро оѓўш карда хоб мекунї?! Љавонї, охир лаззати љавониро бичаш,-маънидорона даст аф-шонд хушдомани маккор.

Саодат ба ин зани њаромхиштак боз ду-се гапи об-дор гуфтанї буд, вале ин дам дарвозаро кўфтанд ва келинчак оњи сарде кашида барои кушо-дани дар рафт.

дидори модарМодару апаашро дар паси

дарвоза дида Саодати аламза-да аз шодї ќариб, ки гирён шуд. Модару духтар њамдигарро њељ аз оѓўшашон рањо кардан на-мехостанд. Овозаи бад ба гўши онњо њам расида будааст ва апааш бо Фурќат чи њодиса рух доданашро пурсон шуд, Саодат фурсати љавоб додан наёфта, хушдомани маккорааш дар сар рўймоли сафед «во балам» гўён, ба истиќболи мењмонњо баро-мад. Гиряи пуралами зан гиряи мењмонњоро оварда бошад њам, Саодат бо нафрат рўяшро тофт ва дар дилаш «аз афташ ин бева барои бачааш нею дар њасрати оѓўши Бойбобо гириста истодааст» гўён, лабашро инљ кард. Модари Саодат аз ќудо чї њодиса рўй доданашро пур-сон шуд. «Писарамро аз даст додем, ќудољон» гўён, занак бештар фиѓону нола бардошт. Модари Саодат гумон кард, ки дар њаќиќат домодаш вафот карда, духтараш бева мондааст ва карахт шуда дар љояш ни-шаста монд. Саодат тозон ба-рои модараш об овард. Љуръае об нўшида модар каме ба худ омад ва њаросон љониби духта-ру ќудояш нигарист, аз афташ фањмидан мехост, ки чї њодиса рўй додааст, вале љуръати пур-сидан намекард. Апаи Саодат њоли модарашро дида, ба наз-ди хоњараш омада бехигўшї пурсид, ки ба шавњараш чї шудааст. «Фурќатро бо гера дастгир карданд» пичиррос зад Саодат. Апааш «хайрият» гуфта, назди модараш рафта, асли гапро фањмонд. Модар оњи сабук кашида аз љояш бархост ва ќудояшро тасаллї дода, пур-сид, ки ягон роњи наљот додани Фурќат њаст ё не.

-Домодатонро танњо духтара-тон наљот дода метавонад,-оњи сард кашида гуфт хушдомани Саодат.

Аз ин гапи ќудояш чизеро нафањмида, модар саволомез ба духтараш нигарист.

-Бењтараш баъди чой нўшидан сўњбат мекунем,-нигоњашро аз чашмони розљўи модараш гурезонда, таноби су-ханро сўйи дигар кашид Саодат.

«Мармалод» дигар чизе на-гуфта, ќудояшро ба хона таклиф кард. Хушдомани маккорааш, ки пештар «камбаѓали пойлуч» гуфта, назараш модари Саода-тро намегирифт, имрўз якбора ончунон мењрубонї мекард, ки одами аз тору пудаш бехабар гумон мекард дар дунё аз ў дида зани њалимтаре нест. Саодат, ки асрори мењрубонињои хушдома-нашро медонист, бо нафрат лаб газида, базўр ба найрангњои ин кампири тутоќ тоќат мекард. Са-одат, ки табиатан духтари ба-нангу баномус буд, сирру асро-ри хонадони шавњарашро фош кардан нахоста, ваќти ошро ка-шидан оњиста дар бехи гўши хушдоманаш пичиррос зад:

-Мабодо дар назди апаю мо-дарам дар бораи талаби Бойбо-боятон дањон накушоед, чунки на фаќат очаи ман, балки ягон зани тољик ба чунин шармандагї чашм намепўшад. Њодисаи имшаб дар ин љо рўйдодаро фањманд, маро дигар як лањза њам дар хонаи шумо зистан на-мемонанд! Занњои мо мемуран-ду ба чунин пастї даст намеза-нанд!

«Мармалод» аз насињати ке-линаш ба ѓазаб омада, пичинг зад:

-Медонам, ки тољикњои шумо чи хел мардуми поктинату боѓуруранд, тољик гўшти тољикро мехўраду боз инњо халќи бо нангу баномус будаанд!

Саодат Фурќатро дўст ме-дошт ва намехост дар рўзи сахтї шавњарашро партофта равад, аз њамин хотир кинояи хушдоманашро, ки оташи љанги шањрвандии дар Тољикистон алангазадаро дар назар дошт, ношунида гирифт ва табаќи ош дар даст ба мењмонхона даро-мад. Пас аз зиёфат Саодат ба гўши модараш пичирросзанон гуфт, ки баъди ду рўз худаш њамроњи шавњараш Фурќат ба Тољикистон ба дидорбинии хешу аќрабо рафтанист. Муроди ке-линчаки зирак аз ин њарфњо бо хушнудї ба Ватан гусел карда-ни модару апааш буд, зеро ме-тарсид, ки Бойбобои пулмасти њаромхиштак маззахўрак шуда, боз ба хонаи хусураш меояду сирру асрори ин пиру кампи-ри тардоман фош гашта, дили модараш аз ќудоњояш сард мешавад ва Саодатро зўран ба Тољикистон мебарад. Мода-ри рамузфањм хурсанд шуда, дарњол рахти сафар барбаст ва хусури Саодат онњоро ба вокзал бурда, ба поезд савор карда, сипас баргашт.

КелинфурўшБаробари аз дарвоза даро-

мадан хусураш аз Саодат шо-диёна гирифта, хабар дод, ки Фурќатро озод кардаанд ва фармуд, ки ба мошин шинад. Келинчак бо гумони он, ки ба пешвози шавњараш мераванд, худро орою торо дода, бо табъи болида ба мошин нишаст. Ко-милбой мошинро мисли бод ронда, аз дења берун шуд ва чанбаракро љониби шањр тоб дод. Ба гўшаи хаёли Саодати аз шавќи дидори дар пеш истода бо шавњараш сармаст намео-мад, ки ин мўйсафед наќшаи сиёње дорад. Њамин тавр хусуру келин аз ину он чаќ-чаќкунон чандин километр масофаро тай намуданд ва мошин дар наз-ди як бўстонсарои боњашамат ќарор гирифт. Бо садои сигнали мошини хусури Саодат дарво-заи бўстонсаро кушода шуд ва ќасри бошукўње, ки ба кушкњои подшоњони афсонавї монанд буд, намудор гашт. Комилбой мошинро ба сањни бўстонсаро ронд ва баъди хомўш кардани муњаррик аз саманди бодпояш фаромаду дари љониби Саода-тро кушода, таъзимкунон ке-линашро мурооти фаромадан намуд. Саодат аз ин рафтори хандаовари мўйсафед чизе нафањмида саргаранг аз мо-шин фаромад. Сањни њавлиро бо чароѓакњои рангобаран-ге, ки одатан дар консертњои эстрадї сањнаро бо онњо ороиш медињанд, оро дода буданд ва љилои рангњо манзараи зебои бўстонсароро боз њам зеботар љилва медод. Дар рўйи њавлї чанд товусу титав ва мурѓи марљон омирона гаштугузор доштанд. Дар гўшаи дуртараш бошад, чанд ќафас гузошта бу-данд ва дар дарунашон оњувон сайр менамуданд. Фавворањои мусаффо дар ин шоми гар-ми тобистон ин бўстонсароро ба як гўшаяки бињишт табдил дода буданд. Саодат худро дар

ин кохи зебою муњташам дар Њиндустони афсонавї тасаввур карда, чашм аз манзарањои зе-бои бўстонсаро намеканд. Пеш-тар гумон дошт, ки хонаи хусу-раш Комилбой бењтарин њавлист дар саросари Ўзбекистон, вале дар ќиёс бо ин кушк манзили волидони шавњараш вайронае-ро мемонд. Саргарми тамошои бўстонсарои бошукўњ Саодат оламу одамро аз ёд бурда, ѓайб задани хусурашро њатто пайхас накард. Як ваќт овози гулдуро-сии Бойбобо ба гўшаш расид:

-Њавлї ба шумо маъќул шуд?Саодат аз љояш як ќад па-

рид. Бойбоборо бо либосњои варзишї дар бараш дида, ке-линчак дасту по хўрд ва аз шарм сару рўяш араќ кард. Ак-нун фањмид, ки хусураш ўро ба куљо овардааст. Лаб газида бо нигоњ тамоми њавлиро палмо-сид, вале Комилбой дар ягон гўша наменамуд. Мўйсафеди беномус бо дасти худаш келини љавону зебояшро ба лонаи ин шаѓол оварда, ѓайб зада буд.

дар ќасри бойбобоСаодат эњсос намуд, ки

агар њозир доду фиѓон наму-да, кўшиши гурехтан намояд, оташи шавќи Бойбобои мисли таккаи маст ташнаи ишќварзї бештар аланга мезанад ва аз эњтимол дур нест, ки бо зўрї ба номусаш дастдарозї намо-яд, бинобар ин, њиллаи дигар-ро пеш гирифт, то аз доми ин њаромхиштак љонашро рањонад. Вай худро хурсанду масрур вонамуд карда, табассуми ши-рине кард. Бойбобо чашмони барќпошу лабханди базеби љавонзанро аломати ризо шу-мурда, назди Саодат ба зону нишаст ва мисли ашрофзо-дагоне, ки дар кино намоиш медињанд, дасташро бо як виќори хоси љавонмардона љониби нозанин дароз кард. Саодат дасти нозукашро рўйи панљаи Бойбобо нињод ва лабханд зад. Бойбобо аз ин лабханди саршори ишваю нози париваш илњом гирифта, Саодатро ба кушки афсонавиаш роњбаладї намуд. Њуљрањои бўстонсаро яке аз ди-

гар ќашангтару аљибтар ва чу-нон бењамто буданд, ки Саодат ба чашмони худаш бовар накар-да, мепиндошт њанўз дар хоби ноз аст ва ин њама зебоињоро хоб мебинад.

найрангњои ошиќонаи «бегимоти дупо»

Онњо ба толори пазирої расиданд. Ороиш, рангу бор, љињоз ва њатто њавои ин њуљра аз дигар њуљрањо ба куллї фарќ мекард, њавои хона чунон тозаю форам буд, ки тану љони кас роњат мекард. Дар мобайн мизи калоне меистод, ки рўяшро бо дастурхони барф барин сап-сафед пўшонда буданд. Бой-бобо Саодатро ба сари миз муроот намуда, чї хостанашро пурсид ва дастурхонро кушод. Болои миз аз анвои хўрданињои лазиз пур буд. Саодат бенињоят ташна монда буд ва хоњиш кард, ки барояш об резанд. Бойбо-бо ба истаконе об рехта ба љавонзан дароз кард. Саодат об менўшиду соњибхона чаш-машро аз гардани борику зебои вай намеканд, аз нигоњи ташнаи чашмони хумораш аён шуда ме-истод, ки ин марди булњавас чї мехоњад. Маќсади соњибхонаро пай бурда, ба бадани Саодат мурѓак дамид. Бойбобо ба вай наздик шуда, дасти мисли кўњ вазнинашро ба китфаш гу-зошт ва рўяшро ба гардани зебои љ а в о н з а н молида исто -д а

дар бехи гўшаш пичиррос зад:-Њамаи ин љоњу љалол, хона-

ву дару зару зевару боигари-амро ќурбонатон месозам, агар барои ман як шоњписар зоед Саодатхон! Илтимос, не нагўед, охир аз њамон Фурќати лохи бангї ба шумо чї фоида ме-расад?! Боаќлї карда занї ман шавед, як умр шоњдухтар барин зиндагї мекунед!

Саодат аз шунидани ин суханњо гаранг шуда монд, яќин буд, ки ин халтаи пул ба осонї аз ў дил канданї нест. Љавонзан лаб газида, фикр мекард, ки чї тавр љонашро аз ин доми бало халос кунад. Хомўшии париваш-ро аломати дудила шуданаш дониста соњибхона шердил-тар шуд ва дар наздаш дузона нишаста ба бўсидани ронњои булўринаш сар кард. Пойњои зебои љавонзанро бо лабону за-бонаш навозиш мекард Бойбо-бои дар духтарбозї бе устухон. Гирумони ошиќонаи «бегимоти дупоя»-ро дида, кашмакаши дишабаи Бойбобо бо хушдо-манаш ба ёдаш расид ва Сао-дат худро дошта натавониста, ќиќиросзанон хандид. Бойбобо хандаи нозанинро ба таври худ фањмида, якбора њарду пойи духтарро сахт ба оѓўш кашид...

(Давом дорад)Р. Холов

ишќибойбобо

Page 12: шумораи 24

№24 (748) 18.06.2014 12 СарНавиштњои ѓамаНгеЗ

Болои сўхта намакоб гуфтагї барин, баъди аз касалхона баргаштан Комила боз як наѓмаи нав баровард, акнун шабњо аз хона гум мешуд. Падару модараш дару дарвозаро ќулф мекарданд, навбатдор истода мепоиданд, вале њељ фањмида наметавонистанд, ки дар шабњои торе, ки на њар мард љуръати аз дар баромадан мекунад, духтари аќлбохтаашон чї хел натарсида аз хона мебарояд ва ба назди кї меравад....

(Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта.)

Тўй бисёр пуршукўњ гузашт ва дар њалќаи хешу табор пас аз базм зери навои «Ёр-ёр» арўсу домодро ба хонаи бахташон дароварданд. Бо-лини хоби шању арўсро чунон баланд партофта буданд, ки шоњаншоњ њам ба чунин биста-ри мулоиму њарир њасад ме-бурд. Пас аз он, ки янгањо аз хона баромаданд, Комрон ба Комила наздик шуда, хоњиш кард, ки сатрашро кушояд, то вай кокулони зебою мушкини таърифии арўсашро бубинад. Арўсак ин гапро шунида як ќад парид ва њаросон худро ба кунљи девор кашид. Комрон ин рафтори арўсашро нози дух-тараки њанўз оѓўши мард на-дида пиндошта, табассум кард ва бо чолокии ба гург хос ба рўймоли сатрии Комила чанг андохт. Рўймол аз сари арўс афтиду њуш аз сари домод па-рид. Дар сари арўси таърифии чилгазамўй ягон тор мўй набуд.

-Туро чилкокула гуфта таъ-риф карда буданд, о канї мўйњои таърифиат?! Сарат мо-дарзод кал аст ё ягон бало кардї? О ман таърифи мўйњои дарозатро шунида туро ба занї гирифтам, аблањ,-девонавор дод мезад домоди фиребхўрда, ки дилаш аз дидани сари кали арўс бељо шуда буд.

Комила хост фалокати ба сараш омадаро наќл кунад, вале Комрон ўро њатто шуни-дан нахоста, тозон ба берун ба-ромад ва доду фарёдзанон па-дару модарашро љеѓ зад. Ама-ки Мањмуд ва њамсараш холаи Муслима овози тањлукабори писари навдомодашонро шуни-да талхакаф шуданд ва њарду пасопеш љониби хонаи Комрон давиданд. Падару модараш-ро дида оташи ѓазаби Комрон бештар аланга гирифт ва сари ќањр ба сари волидонаш дево-навор дод зад:

-Магар 27 сол барои њамин интизор шудам, ки шумо ба ман як зани кали маймун дињед?!Арўси кали овардаа-

тон ба худатон насиб кунад! Бењтараш бе зан мегардаму бо ин кали њабаш худамро њайфу њаром намекунам!

Падару модар њайратзада ба њамдигар нигаристанд. Бо-варии холаи Муслима ба гапи шунидааш наомад ва тозон ба хонаи арўс даромада чанг зада аз сари келин рўймоли сатриро кашида гирифт. Њамроњи сатр парики арўс њам афтиду њуш аз сари модар парид. Комилаи арўсак сари калашро дошта ба замин нишаст ва њунгосзанон инони гиряро сар дод. Муслима ба гиряву нолаи арўс ањамият надода, ба њавлї баромад ва ба шавњараш рў оварда, гуфт:

-Њаёти писарамро сўхтем мардак, ин духтари љўраат дар њаќиќат кал будааст-ку! Ба па-дараш занг зан, омода ин моли њалолашро барад!

Амаки Мањмуд ночор ба ќудо-љўрааш телефон кард ва буди шуди гапро гуфта, хоњиш кард, ки тезтар биёяд. Дили па-дари арўс ангишт барин сиёњ шуд ва оњи сард кашид гуфт:

-Аќаллан то сањар тоќат ку-нед, баробари дамидани субњ рафта духтарамро мебиёрам!

Мољарои ќудоњоАз дар даромадан замон

модари домод аз каштали па-дари Комила гирифта, дод зад:

-Барои чи кали махав буда-ни духтаратро пинњон доштї?! Барои чї моро фиреб кардї?! Товони ин ќадар пулу моли дар тўй сарфкардаи моро кї медињад?! Хешу табор ва ёру дўстонамон фањманд, ки як кали њабашро ба писарамон келин кардем, чї мегўянд?! Чаро обрўи моро резондї…?

Мардаки бечора базўр каш-талашро аз чанголи Муслимаи аз ѓазаб ларзон халос карда бо чашмони пур аз ашк аз да-сти духтари наварўси гирёнаш гирифта аз дарвоза баромад. Њамсояњо аз паси арўси якша-ба нигариста, пичир-пичир ме-карданд.

туњматСубњи дуюми арўсї таги як

курта ба хонаи падараш бар-гаштани Комила дењаро ба

ларза овард. Акнун дар забони хурду калон танњо як гап-талоќ гирифтани Комилаи наварўс буд. Мардуми аз асли гап бе-хабар дарњол овоза пањн на-муданд, ки духтари Пирмањмад нодухтар баромадааст ва ба-рои покдоман набуданаш шавњару хушдоманаш ўро за-да-зада аз дарашон берун кар-даанд. Ин овозаю њангомањо болои захми хуншори дили Комилаи бадбахт намак мепо-шиданд ва арўсаки ноком дар-ро ба рўйи њама пайвандону дугонањояш баста, шабу рўз танњо мегиристу мегирист.

љинзадаОќибати танњо нишастану

танњо хобидан хуб нест гуфта-ни пиронсолон бењуда набуда-аст, як сањар модараш ба хонаи хоби Комила даромада дид, ки духтараш дар рўйи фарш ни-шаста, худ ба худ гап мезанад. Арўсаки сиёњбахт гоњ механди-ду гоњ гиря мекард. Бечора за-нак талхакаф шуда дарњол ба берун давид ва шавњарашро аз мусибати навбатї огоњ намуд. Пирмуњаммад тозон ба хона даромад. Комила њамчунон дар рўйи фарш нишаста буд ва дастонашро дар њаво ба њар тараф ёзонда, гўё ким-киро на-возиш мекард. Дар гарданаш занљираи зебое буд, ки ниги-ни калони зумурадгунаш чаш-ми одамро мебурд. Падару модари Комила чунин гардан-банди гаронбањоро дар ум-рашон бори аввал медиданд. Пирмуњаммад њайрон шуда, пурсид, ки ин љавоњироти ќимматро аз куљо ёфтааст. Ко-мила чашмонашро хумор кар-да, бо нозу ишва гуфт:

-Инро шавњари навам њамин шаб ба ман туњфа кард.

Падару модар аз ин љавоби духтари бадбахташон ба ши-гифт афтиданд. Модар оњи сард кашида пичирос зад:

-Кадом шавњарат?! Охир Комрон туро талоќ дод-ку!

Комила лабашро бурма карда, љавоб дод:

-Комрон не, шавњари навам туњфа кард! Вай чунон хушрўй, чунон хушрўй аст, ки агар шумо

бубинед, њушатон меравад!Модар эњсос намуд, ки Ко-

мила аз ѓаму андўњи бисёр аќлашро бохтааст ва бо кафи дастонашро рўяшро дошта ба замин нишасту инони гиряро сар дод. Зану шавњар барои бахти сиёњи духтарашон зор-зор гириста бо Худованд му-нозира мекарданд, ки барои кадом гуноњашон фарзанди онњоро ба чунин балоњо мубта-ло месозад, вале…

арўси парїПирмуњаммад хост духта-

рашро ба беморхона барад, вале њамсояву хешу табор маслињат доданд, ки бењтараш Комиларо дар назди ягон до-муллои зўр ќасидахонї ку-над. Падару модари бечо-рааш сарашонро ба сад дар зада, арўсаки аќлбохтаро бахшибонї, ќасидахонию љинбарор карданд ва њатто 40 рўз чилла шинонданд, вале њолаш ба љойи бењ шудан то-рафт бадтар мешуд. Комила дар зери чодар њам бо касе гап мезад, механдид, шўхию бозї мекард. Модари њайрон чанд маротиба пурсид, ки бо кї рўзи дароз гап-гап мекунад, вале аз Комила љавоби аниќ нагирифт. Арўсаки девонаавзоъ мисли занњои шавњардор шабњо ху-дро орою торо дода, сипас ба бистар медаромад, љойхоби дукаса мепартофту ба рўяш атри хушбўй мепошид ва нима-шаб ба њаммом рафта, оббозї мекард. Падару модари дар гирдоби ѓам афтида намедони-станд чї фикр кунанд. Ба наз-ди чандин муллои китобкушо рафтанд, њама ѓайбдонњо бо як овоз мегуфтанд, ки ба Комила парии обї ёр шудааст ва њамон шавњари ба назари одамизод ноаёнаш духтарро маљбур ме-кунад, ки њар шаб шустушўй карда, хушбўю хушрўй шуда ба бистари «заношўйї» дарояд.

дар девонахона Маљбур шуда Комиларо дар

касалхонаи беморињои рўњї хобонданд. Духтар ќариб ду моњ табобат гирифта бошад њам, њолаш бењтар нашуд. До-моди ба назар ноаён њељ аз Ко-милаи нозанин даст кашиданї набуд. Дар беморхона њам дух-тар њамеша бо њамон парии обиаш суњбат мекард ва гоњ механдиду гоњ мегирист. Таби-бон дар табобаташ ољиз монда, билохира Комиларо ба хона љавоб доданд.

«Свидания» бо домоди ноаёнБолои сўхта намакоб

гуфтагї барин, баъди аз ка-салхона баргаштан Комила боз як наѓмаи нав баровард, акнун шабњо аз хона гум ме-шуд. Падару модараш дару

дарвозаро ќулф мекарданд, навбатдор ис-тода мепоиданд, вале њељ фањмида наметавонистанд, ки дар шабњои торе, ки на њар мард љуръати аз дар ба-ромадан мекунад, духтари аќлбохтаашон чї хел натар-сида аз хона мебарояд ва ба назди кї меравад. Аз паси дари аз берун ќулфкардашуда арўси сиёњбахт чї хел ѓайб мезанад, барои њама ањли оила муаммои сарбаста гаш-та буд. Комила на бо хубї ва на зери мушту лагад ба касе иќрор намешуд, ки чї хел шабњо аз хона мебарояд.

Сирри дањшатбор Рўзе дугонаи љонии Ко-

мила-Зайнура ба аёдат омад. Онњо аз хурдї якљоя калон шуда буданд ва аз њамдигар сирри пинњон надоштанд. Модари Комила дар назди дугонаи духтараш дилашро холї карда хун гиристу си-пас зорї намуд, ки аз тањти дилаш даромада, шабњо ба куљо ѓайб задани Комиларо фањмида гирад. Зайнура оњи сард кашида, розї шуд. Ко-мила дугонаи љониашро бо лабханд истиќбол гирифт. За-йнура гарданбанди зебои дар гардани Комила њамоилро хеле таърифу тавсиф наму-да, гуфт, ки чунин занљираро дар умраш бори аввал ме-бинад. Арўсаки аќлбохта аз ситоишњои дугонаи љониаш хурсанд шуда гуфт:

-Инро ба ман шавњарам тўњфа кард. Вай чунон хушрўй аст, ки агар бубинї, дарњол ошиќаш мешавї! Њар шаб маро ба хонаашон мебарад. Зайнура дар куљо будани хо-наи шавњари Комиларо пур-сид.

-Хонаашон бисёр дур аст. Дури дур! Ба он љо фаќат парвоз карда меравем,-ќисса кард Комила ва хўрокњои нестандарљањону сару либоси њарири пайвандони сабзчаш-ми шавњарашро хеле ситоиш намуда, афзуд:

-Њозир ман њомиладорам. Шавњарам бисёр хурсанд шуд, ки барояш бача меку-нам. Ваќти зоидан вай маро ба назди хешу табораш ме-барад…

Зайнура дањонашро бо кафи дасташ дошта бо рангу рўйи кандагї аз хона баромад ва буду шуди гапро ба мода-ри Комила як ба як наќл кард. Бо шунидани ин гап њуш аз сари падару модари бадбах-таш парид. Хабари аз парї ё љин њомиладор шудани Коми-ла рўзи дигар дар саросари дења пањн гашта, мардумро ба тањлука андохт…

(Давом дорад)Гулнисои Њикматулло

Арўси кАл

Page 13: шумораи 24

№24 (748) 18.06.2014 13

аз

пасат меравам ба оламе, ки роњи бозгашт

надорад. алвидоъ ёри ширинам» гўён,

курсичаро тела зада аз зери пояш дур

кард. љисми домоди ноком чанд бор дар

расан печутоб хўрда, сипас аз тапидан

бозмонд. аз касофатии модари беандешаю

љодугар љисми писари номурод бо шиму

костюми домодї дар њалќаи дор алвонљ

мехўрд…

(Охираш. Аввалаш дар шуморањои гузашта)

Домоду арўсро нав сари тахт шинонда буданд, ки ян-гааш телефонашро оварда ба дасти Набї дод. Бо гу-мони он, ки рафиќонаш аз Русия занг зада истодаанд, Набї телефонро гирифт ва ба экран чашм давонда раќамњои барояш азизро диду якбора њушёр шуд. До-моди љодушуда гўё нав аз хоби гарон бедор шуда бо-шад, каљ-каљ ба арўси дар пањлўяш нишаста нигарист ва баъд љонњавл ба Мањлиё занг зад. Аз он тараф овози хиррии ба љонканї монанди дўстдоштааш ба гўшаш ра-сид, ки мегуфт:

-Номарди беањд, акнун ман мемирам, ту бо арўсат хушбахт бош!

Набї арўсро дар сари тахт танњо партофта аз љояш бархост ва ба мошини як рафиќаш нишаста ба хо-наи волидони Мањлиё равон шуд….

дањшатМањлиёро бо лабу дањони

аз таъсири дору каљшудаю сарду карахт ёфта, њуш аз сари Набї парид. Њамроњи рафиќаш дарњол мањбубаи нокомашро ба беморхона бурд, сипас љўрањояшро љавоб доду худаш бо бањонаи кори муњим доштан ба хонаи бародараш даромад. Дарво-заро бо калиди худаш кушо-да рост ба њезумхона даро-мад ва рўзњои бо Мањлиё буданашро ба хотир оварда аз дил гузаронд, ки Мањлиё бо он њолате, ки дошт, аниќ мемирад, пас дигар дар ин дунё зистани вай чї маънї дорад?! Бо њамин андешањо домоди сиёњбахт банди да-

розеро ба болор партофт ва њалќаи дорро ба гарда-наш андохта «Маро бубахш Мањлиё, ки нињоли умри љавонатро хазон кардам! Азизам, ман номард нестам ва туро танњо намегузорам. Аз пасат меравам ба ола-ме, ки роњи бозгашт надорад. Алвидоъ ёри ширинам» гўён, курсичаро тела зада аз зери пояш дур кард. Љисми домо-ди ноком чанд бор дар расан

п е ч у -тоб хўрда, сипас аз тапи-дан бозмонд. Аз касофатии модари беандешаю љодугар љисми писари номурод бо шиму костюми домодї дар њалќаи дор алвонљ мехўрд…

арўси бе домодМардуми ба тўй омада,

арўси бедомодро дар сари тахт дида, байни худ ба пичир-пичир даромаданд. Гулбибї њодисаи рўйдодаро

аз забони љўраи писараш шунида бонг зад:

-Илоњи сиёњпичамарг ша-вад ин Мањлиёи бекафани ќогазхўр! Зормонда кори ме-кардагияшро дар њамин рўзи хурсандї кард?

Хоњар-ќудояш «кори намешудагї аллакай шуда-аст, илтимос, овоз набаро-ред, ки мењмонњо фањманд, шармандаи ду олам меша-вем» гўён, аз китфаш кашо-

ла карда, ўро ба берун ба-ровард. Арўси бе домодро пас аз як соати тўй ба хо-наи «бахт»-аш гусел карда ба мењмонњо гуфтанд, ки домодро дарди курруда ги-рифтааст. Мардуми бехабар аз ќисмати талхи домоди номурод пайдарњам нўшбод гуфта, барои хушбахтию саломатии навхонадорон менўшиданд ва сархушона раќсу бозї мекарданд, На-бии либоси домодї дар тан бошад, аллакай бо олами

мурдагон пайваста буд. Арўс зор-зор мегирист, ки назди дўсту душман шармандааш карданд,

дар љустуљўи домод

Ањли байти Набї ба бе-морхона ба љустуљўи писа-рашон рафтанд. Дар назди бинои беморхона хешу та-бори Мањлиё, њамсабаќону устодон ва шогирдонаш бо чењрањои мањзун нишаста буданд, вале Набї дар он миён наметофт. Гулбибї бо ситеза аз модари Мањлиё Набиро пурсид. Модари аламзадаи духтари дар дами марг ќарордошта, ки акнун дар фалокати ба сари фарзандаш омада гунањкор будани ин зани беандешаро медонист, чанг зада аз гире-бони ў гирифту дод зад:

-Садќаи номи модар шавї, авблањ! Илоњї оњи дили дух-тараки фиребхўрдаам туро бигирад! Писаратро аз зери чодари келинат љўй, на дар љанозаи духтари ман!!!

Мардум ба зўр гиребони Гулбибиро аз дасти модари Мањлиё халос карданду вай ба мошин нишаста ба кофту-коби писараш рафт.

ишќи хунрезОн рўз духтурон ќариб

шаш соат бо марг даст ба гиребон шуда, оќибат љони Мањлиёро аз панљаи шахшўли аљал бо ќудрати Худованди ломакон халос карданд. Хурду калон на-фаси сабук кашида аз пайи кори худ шуданд, танњо мо-дари зор назди духтараш даромада, дастони ўро ба дидањояш молида мегирист. Ин ваќт аз гўшаи дигари шањр садои љигарсўзи мо-дари берањме, ки сабабгори марги писари нокомаш гаш-та буд, баланд шуда, синаи фалакро медарид:

-Сарам дар хок равад, до-моди нокоми очае, кошкї туро аз дўстдоштаат људо намекардам! Њой мардум, маро њам кушед, токи дар пањлўи Набии нозанинам ба хок равам. Ман дигар њаќки зиндагї кардан надорам, чунки писарамро худам љоду кардам, худам!!!

Зебои наварўс либосњои арўсияшро бо либосњои мотамї иваз карда сари тобу-ти писархолаи пањлавонаш нишаст. Ашк мерехт арўсак ва худашро мазаммат ме-кард, ки чаро боре аз Набї напурсид, ки ба ин издивољ розї њастї ё не.

дарди бе давоИнак, чор моњ мешавад,

ки љавони пањлавони аз сад гулаш як гул нашукуфта зери хоки сиях хоб аст, Мањлиё бошад, бар асари зањролуд шудан кару гунг гаштааст. Танњо нофањмї ва љоњилии модар сабабгори ин фољиаи

хунин гашт. Гулбибии беан-деша агар ба њарфи дили писараш гуш мекард, агар Зебо боре бо писархолааш дар хусуси тўйи дар пеш истодаашон сўњбат мекард, агар Мањлиё бо вуљуди до-ноию порсої садди оњанини иродаашро намешикаст, агар ањли љомеа бетарафї зоњир намекарданд, шояд ин њодисаи ѓамбори хунин рўй намедод, вале афсўс…

Дилошўб

ќиССањои ЗиНдагї

Аз пасат меравам ба оламе, ки роњи бозгашт надорад. Алвидоъ ёри ширинам» гўён, курсичаро тела зада аз зери пояш дур кард. Љисми домоди ноком чанд бор дар расан печутоб хўрда, сипас аз тапидан бозмонд. Аз касофатии модари беандешаю љодугар љисми писари номурод бо шиму костюми домодї дар њалќаи дор алвонљ мехўрд…

ё чаро тўй ба мотам табдил ёфт?

сАрбуридАдомоди

АденомА чисТ?

Аксарияти мардон аз аденомаи ѓадуди проста-та азият мекашанд, вале ин иллати худро пинњон намуда, табобатро ба таъхир мегузоранд, ки оќибати хуб надорад.

Аденома ќариб тамоми мардони аз 60-сола болоро тањдид мекунад. Мутахас-сисон инро бо сабаби хала-лёбии њормонњо-пастшавии сатњи тестостерон дар хуни мардони сини баркамол, ки рў ба фарбењшавї оварда-анд, мебинанд. Дар инљо стрессу омилњои экологї низ наќш мебозанд. Ѓадуди простата калон шуда, роњи пешобдонро фишор ме-орад ва ин сади роњи пешобронї мешавад. Пе-шоби љамъшуда боиси пай-доиши инфексия гашта, бар асари он санги пешобдон ва бемории гурдањо (пие-лонефрит) зуњур менамояд.

ќатра -ќатра…Ќисми зиёди мардони аз

бемории аденома азият ме-кашида танњо баъди пайдо шудани мушкилї њангоми пешобкунї ба ташвиш ме-афтанд. Ваќте беморї хуруљ мекунад, мард ша-бона чанд маротиба ба њољатхона меравад ва баъ-зан пешобашро дошта на-метавонад. Њолатњое меша-вад, ки пешоб ќатра-ќатра љорї мегардад. Чорањои фаврї набинед, њолати бе-мор бадтар ва пешоб манъ мешавад. Хун дар пешоб, табларза, дарди тамоми аъзои бадан, дарди сахт дар ќисми поёнии миён аломатњои ногувори ин бе-морианд.

Њар ќадаре бемор зудтар ба табиб мурољиат намояд, њамон ќадар тезтар хурўљи бемориро пешгирї кардан мумкин аст. Дар ин сурат бемориро бо доруворињо табобат мекунанд. Рељаи табобат баъди ташхис му-айян карда мешавад.

Дар сурати калон будани ѓадуди простата ё мушки-ли дигари пешобдон (санг) љарроњї гузаронида меша-вад. Аденомаро тавассути лазери баландшиддат низ рафъ месозанд.

пешгирї бояд кардБењтар мебуд, ки худро

то ба ин њол нарасонед. Мардоне, ки дар пешобкунї мушкилї доранд, бояд ба рељаи обнўшї диќќат дињанд: ду соат ќабл аз хоб об нанўшанд, аз ќањваю машрубот худдорї намо-янд, зеро ин чизњо пешобро зиёд ва пешобдонро бемор месозанд.

Тањияи Нодира

Page 14: шумораи 24

№24 (748) 18.06.2014 14 СарНавишт

занги пуризтиробОн шаби нањс Акрам дар

хона набуд. Рўзи дароз даво-дав карда, сахт хаста шуда буд, вале аз чї бошад, ки чаш-монаш майли хоб кардан на-доштанд. Дилаш аз пешомади ногуворе гувоњї медод. Симои зану фарзандонашро њељ аз пеши чашмаш дур карда на-метавонист. Ба торикии шаб нигоњ накарда мехост ба роњ барояд, вале ронандаи камаз-ро кайњо хоб бурда буд.

«Худоё, чаро дилам ин ќадар сиёњї меорад?» меан-дешид худ ба худ Акрам. Ногоњ садои занги телефон баланд шуд. Акрам осемасар гўширо бардошта, овози гиряолуди за-нашро шунид.

-Акрамљон, илтимос ба ягон рафиќатон занг занед, омада моро ба хонаи падарам барад. Модаратон аз нисфирўзї ин љониб бо мо љангу љанљол до-ранд. Сабр карда лаб зери дан-дон гирифтам, вале ќањрашон паст нашуда, тамоми љињози хонаро ба берун њаво дода ис-тодаанд. Оинаву дарњои ме-белро шикастанд…

Акрам њарфе назада гўширо хомўш кард ва раќамњои дўсти даврони кўдакиаш Саидро чид. Саид ба ташвиш афтида са-баби дар як паси шаб занг за-данашро пурсид. Акрам масъ-аларо фањмонда хоњиш кард, ки рафта зану бачањояшро бо кўчашон ба хонаи хусураш ба-рад.

Акраму Саид њанўз замо-ни мактабхонї ањди дўстї ба-ста буданд ва љўрааш бо љону дил розї шуда аз пайи иљрои хоњиши љўрааш рафт.

«Оњ модар, наход бегонањо маро дўст доранду ту ба ман рањм надошта бошї-а?! Бо-варам намеояд, ки модар ба њамин андоза сангдилу беин-соф мешудааст» пичиррос зад зери лаб Акрам ва дона-дона ашки шўри чашмонаш рўи рух-сораш рехт.

найрангњои гулсараМодари Акрам Гулсара аз

рўзи нахустини зиндагї бо

шавњараш муросо карда натавонист. Даѓалгуфтору сергап буд Гул-сара ва мард дар айёми љавонї аз ваќ-ваќи зан худро пир кар-дан нахоста талоќашро дод. Он замон Акрами бетолеъ дар батни модараш буд. Гулсараро беандешагињояш либоси сиёњи бевагї пўшонду бо шиками да-мида дубора пушти дари па-дар омад. Волидони шўрбахт љуз ќабул кардани духтарашон илољи дигар надоштанд. Њељ падару модар тоби дидани бахти сиёњи фарзандашро на-дорад, волидони Гулсара низ бо шунидани бева шудани духтарашон љигархун гаштанд. Бечора модараш шабу рўз ба-рои бахти шикастаи Гулсара ашк мерехту пеши худованд менолид, ки чаро аз миёни шаш фарзанд, танњо духтараш Гулсара љоњилу беандеша ба-ромада, оќибат аз касофатии морзабониаш хонавайрон шуд.

беваи шаттоњАз захми забон оќибат бад-

бахт гаштанаш ба љавонзан панд нашуд, озор додани мо-дару янгањо амали њаррўзаи Гулсара гашт, баъдтар гуноњи азимтареро содир намуд ин бевазани шаттоњ!

тифли умедПисар таваллуд кардани

Гулсара барои ањли хонаво-да бењтарин хушхабар гашт. «Хайрият, ки духтар назоида-аст, набошад мисли модараш морзабон мешуд» пичир-пичир мекарданд янгањои Гулсара. Бобои наберадўстдор писар-чаи зебои нав ба дунё омада-ро Акрам ном гузошт. Тифлак гўё аз пешомади бадаш огоњ бошад, нигоњи бисёр рањмовар дошт ва бо алам гиря мекард. Аслан гиряи кўдак рањми мо-дарро меораду фарзандашро навозишкорона ба оѓўш меги-рад, мебўсад ва ба ором на-муданаш кўшиш мекунад, вале Гулсара баръакс кўдакаш гиря кунад, бо ѓазаб мезад ва фиѓонашро баландтар мекард.

фарзандбезорРўзе бо бањонаи ба хо-

наи дугонааш рафтан Гулса-раи бачабонї ба љонаш зада Акрамро бурда ба ятимхонае супурду бегоњ бо лаби хандон ба хона баргашт. Бобою биби-аш дарњол Акрамро пурсиданд. «Бачама фурўхтам» хунсардо-на љавоб дод Гулсара. Кампи-раку мўйсафед ба ѓазаб омада, борони њаќоратро ба сари дух-тари аблањашон рехтанд.

«Занњои кўдакдорро ягон кас намегирад. Ба хотири бача шуда, даврони љавониамро бо саѓерабонї гузаронидан намехоњам» паст наомад Гул-сара. Падари Гулсара Сулай-мон аз ин амали сангдилонаи духтараш сахт андўњгин гашт. Чењраи зебову нигоњњои маъю-сонаи Акрами ширинрўяк аз пеши чашми бибию бобо дур намешуд. Сулаймон њамеша дар фикри он буд, ки набера-ашро дар куљо љустуљў кунаду аз куљо пайдо намояд. Кампиру мўйсафед шабњо то сањар ёди набераашонро намуда мегуф-танд: «Њељ кас бовар карда на-метавонад, ки модар бо дасти худаш кўдакашро ба ятимхона супорад. Магар ин Гулсараи гурсўхта фикр накард, ки Акра-ми хурдакак ба навозиш ниёз дораду њанўз аз оѓўши модар сер накардааст? Чаро анде-ша накардааст, ки зани бегона кўдаки њанўз роњ намегашта-ро чї хел нигоњубин мекунад. Наход дилаш барои писараш ягон бор гум назанад-а?! Сер ё гурусна, хоб ё бедор будани тифлакаш ягон бор ба ёдаш зада, дилашро ба ларза ме-оварда бошад?! Аљиб, чї хел нон аз гулўяш мегузарад? Ма-гар тоб овардан ба дурии по-раи љон осон аст?» Кулвори саволњои бељавоби чолу кам-пир торафт пур мешуд, вале модари фарзандбезорро на парвои тифли партофтааш буд, на ѓами падару модар, саргами айшу нўши худ буд љавонзани танноз.

бахти дуюмЌисса кўтоњ Гулсара дубо-

ра ба шавњар баромад. Сулай-

монро њанўз њам ёди наберааш Акрам азият медод ва пинњонї аз духтари шаттоњаш аз домо-ди наваш Ризо хоњиш кард, ки набераи гумгаштаашро пайдо намояд.

-Ризо писарам медонам, ки зан сирру асрори дилаш-ро танњо ба шавњараш ме-кушояд. Бо оромї њамроњи њамсарат сўњбат кун. Дили Гулсараро нарм карда, сипас дар куљо будани писарашро пурс. Бачаљон, агар набераам-ро пайдо кунам, натанњо дар ин дунё, дар ќиёмат њам аз ту розї мешавам, ќатрањои ашки рўйи риши сап-сафедаш шо-ридаро пок намуда, илтиљо на-муд мўйсафед.

Ин манзара Ризоро ба ёди њамсари љавонмаргаш Ноза-нин бурд.

Бечора чї ќадар барои фарзанддор шудан талош кар-ду хуни дил хўрд, вале ба му-роди дилаш нарасида, оќибат орзуяшро бо худ таги хок бурд.

«Аљаб дунё, яке дар њасрати фарзанду дигаре аз фарзанд безор» меандешид худ ба худ Ризо.

падарандари бењ аз падар

Ризо марди рањмдилу мењрубон буд ва таќдири тиф-ле, ки волидонаш зиндаю дар ятимхона умр ба сар мебарад, ўро ором намегузошт. Коре карда љою макони Акрамро пайдо намуд. Кўдак аллакай роњгардон шуда буд ва кам-кам гап мезад. Марди дар орзуи фарзанд ба чењраи чун барф сафеду забони ширини Акрам мафтун шуда тифлакро мењри падарї бахшид. Њар рўз ба ди-дорбиниаш меомад ва сараш-ро навозиш карда кўдаки таш-наи мењрро ба оѓўшаш пахш менамуд. Худоро шукр мегуфт, ки то ин замон Акрамро касе ба фарзандхонї нагирифтааст.

ќасами модари аблањ

Сулаймону Ризо аз ин лут-фи офаридгор сипосгузорї мекарданд, вале домоду хусур тифлакро ба хона оварда на-метавонистанд, зеро Гулса-раи сангдил ќасам ёд карда буд, ки агар кўдакро ба хона биёранд, вай худашро оташ зада мекушад. Дар ятимхона будани Акрамро касе намедо-нист. Њама ба дурўѓи Гулсара бовар карда буданд ва гумон доштанд, ки ин зани беимон воќеан кўдакашро фурўхтааст, аз њамин сабаб Гулсара на-мехост, ки дар ятимхона буда-ни Акрамро мардум фањманду дубора ба назди хешу аќрабою њамсояњо хиљолатзадаю шар-манда шавад.

шикасти дубораи бахт

Дере нагузашта Ризо аз Гулсара људо шуд. Сулаймон

аз домодаш гиламанд на-буд, зеро муносибату муоши-рати даѓалонаи духтарашро хуб медонист. Мўйсафед аз пешнињоди Ризо, ки мехост Акрамро ба фарзандхонї ги-рифта аз ятимхона ба хонааш биёрад, нињоят хушнуд гашт. Аз ин тадбир ба љуз њарду Ри-зою Сулаймон дигар касе огоњ набуд, зеро худо накарда Гул-сара аз наќшаашон хабар ме-ёфт, балои дигареро ба сара-шон меовард.

оѓўши пурмењрБо талошњои зиёд Ризо ба

гирифтани Акрам муваффаќ шуд. Аз ятимхона гирифта-ни фарзанд чандон осон на-будааст, чанд моњ шахсияти Ризоро санљиданд, омўхтанд, њуљљатњои зиёдеро пур карданд ва билохира ба дасташ доданд. Ба хотири ин писарчаро рас-ман фарзандхонд намудан, чї ќадар љонбозию такодав намуд љавонмарди рањмдили ташнаи фарзанд! Ризо падарандари мењрубон буд барои Акрам ва бачаро чун гавњараки чашмаш азиз медошт. Шояд аз ќадами неки Акрам буд, ки зани нави Ризо-Бунафша љавонзани мењрубону дурандешу ботам-кин баромад. Аз Ризо фарзанд-дор нашуда бошад њам, ин зан иззату њурмати шавњарашро ба љо меовард ва кўдаки зе-бои аз ятимхона гирифтааш-ро модарвор парасторї мена-муд. Солњо ноаён гузаштанду Акрамро калон карда, хонадор намуданд. Зиндагии хушбахто-наи онњо њаваси њамсояњоро меовард ва касе эњсос наме-кард, ки Акрам фарзанди Ризо набуда, барои ин зану шавњар тамоман бегона аст. Акрам ба падархонду модархондаш эњтироми зиёд дошту аз са-мими дил медонист, ки па-дару модари кунуниаш ўро аз ятимхона гирифтаанд, вале ин ягон зарра мењрашро кам на-мекард. Бо бобояш Сулаймон низ рафтуомад дошт љавони боандешаю хушахлоќ.

модарат хук шавад…

Барои Гулсара бародаро-наш хонаи алоњида харида, рўзгорашро људо карданд, то аз ваќ-ваќи бењудаи апаи мор-забонашон халос шаванд. Аз танњо зистани вай Акрам огоњ шуда, андуњгин гашт. «Падару модарат хук бошад њам хуб бонї кун» гуфтаанд, «ганда њам бошад, модарам аст». гўён бачаи баномус ба хуло-сае омад, ки зану кўдакашро ба хонаи Гулсара мекўчонад, то танњоии модарро пур со-зад, вале… Гулсара бо як ке-лин њам муросо карда ната-вонист ва кўчу борашонро як моњ пас аз дар берун партофт. Акрам маљбур шуд, ки зану кўдаконашро гирифта ба хонаи Ризо баргардад.

(Давом дорад)Фарзона

модАр не, АждАр

«Бачама фурўхтам» хунсардона љавоб дод Гулсара. Кампираку мўйсафед ба ѓазаб омада, борони њаќоратро ба сари духтари аблањашон рехтанд. «Занњои кўдакдорро ягон кас

намегирад. Ба хотири бача шуда, даврони љавониамро бо саѓерабонї гузаронидан намехоњам» паст наомад

Гулсара...

Page 15: шумораи 24

№24 (748) 18.06.2014 15

Ба ваќти раќси мавзунат,

Ба чашмони пурафсунат,Кабўтар дар њаво,

оњу ба сањро гашта Маљнунат,

Ба ваќти гирдгардонат,Ба даври

мўйи печонат,Намояд љилва

дар чашмамПари товус ба домонат.Ба љумбиш реги сањрої,Ба ларзиш мављи дарёї,Њунарманду њунарпеша,Зи сар то нохуни пойї…

Ин сатрњо баёнгари раќси дилошўбу дилфиреби Наташа њастанд, зеро ваќти раќсидан натанњо пайкар, балки тамоми вуљуди Наташа дар њавои мусиќї мераќсад. Чашм, абрў, њар як тори мижгон ва банд-банди рагу пайванди ин париваш њангоми раќс ба забон меоянд ва бе забон достони поки ишќу муњаббатро месароянд. Раќси ин шўхчашми нозукхиром оламу одамро аз ёди тамошобин мебарад, зеро Наташа бо раќсаш дар сањна афсонаи зиндае эљод мекунад, ки наметавон аќалан лањзаяке аз он чашм канд. Муболиѓа на-мешавад, агар бигўем, ки На-таша дар самои њунари раќси кишварамон мисли моњтобест, ки дар байни ситорањои бешумо-ри кањкашон љилванамої карда, њамеша нотакрор ва ягона мемо-над. Духтаракони зиёде ба раќси Наташа пайравї кардаанд, вале њељ кадоме аз онњоро муяссар нагашт, ки нозукињои хирому бозии дилфиреби чашмони ин паривашро омўзад. Њар як раќси Наташа як филм аст-филми би-сёр профессионалї, ки метаво-над сазовори бењтарин љоизањои њунарї аз ќабили «Оскар» гар-дад. Чандест, ки Наташа дар сањна камнамо буд ва њамин камнамоияш боиси пањн гаштани њар гуна овозаю њангомањо дар бораи ин раќќосаи бомањорат гашт. Яке њангома мекард, ки Наташаро дар тўйи як сарват-манд авбошон корд зада кушта-анд, дигарї иддао менамуд, ки Наташа шавњари хориљї карда аз Тољикистон рахти сафар ба-

стааст, с а в в у м ї

бар он назар буд, ки Наташа пири фартут ва чењрааш пур аз тўри ожанг

гаштаасту дигар касе талабгори чунин раќќосаи пиракї нест. Х у ш б а х т о -на њафтаи

гузашта худи Наташабону њамроњи модараш аз дари идо-раи мо даромад. Наташаро зин-даву саломат ва бисёр зебову барною хушчаќ-чаќ дарёфта, ќарор додем хонандагони азизи «Оила»-ро аз навгонињои зинда-гии ин паричењраи саропо њунар

огоњ созем. Мутаваљењ бошед ба фишурдаи

муњовараамон.

-Наташабо-ну ростї, шуморо зиндаву саломат ва мисли пештара љавону зебо дида ба њайрат афти-дем, чунки овозаву њангомањо хеле зиёд буданд. Яке шуморо барваќт ба он дунё фиристо-да буд, дигаре ќасам мехўрд, ки Наташа пири фартут шу-дааст..?

-Оњ напурсед! Ман аз ин сафсаттањои њангомабофон чу-нон хаста шудаам, ки намедо-нам дањони кадомашро бандам. Бовар мекунед, њатто дар рўзи тўям, ки дар тарабхонаи «Аза-мат» баргузор шуд (соли 2007) кормандони њифзи њуќуќ ташриф оварда, хоњиш намуданд, ки дар бораи зиндаву саломат буданам забонхат нависам. Чунинашро дар филмњо њам надида будам!

-Аз ин овозаю њангомањо дилозурда нашавед, модоме, ки дар бораатон мегўянд, пас дар маркази диќкати мардум ќарор доред! Ба њусну малоњат ва њунари но-такрори Наташа њасад мебурдагињо хеле зиёданд, шояд њамон раќибонатон аз нотавонї чунин овозањоро пањн карда ба таври худа-шон ќасос мегиранд…?!

-Шояд чунин бошад! Ман, ки нисбати касе дар дил кинову ку-дурат ва бадбинию бадхоњї на-дорам, гумон мекунам, ки њама мисли худам дилсофанд ва ба њамдигар танњо хушбахтию ко-мёбию хушрўзї мехоњанд. Моро аз кўдакї дар ансамбл пеш аз баромадњоямон рангу бор ме-карданд, то ки аз синну сола-мон калонтар намоем. Шояд аз њамин хотир мардум ба гапњои душманонам, ки маро пири фар-тут эълон кардаанд, бовар кар-да, маро калонсол мепиндоранд.

-Шумо ба назар њатто аз

синну соли худатон љавонтар, духтараки таќрибан 18-20 солаи аз бар-ги гул нозук менамоед.

-Медонед, баъзењо дар рўям маро «Лўхтаки Барби» мегўянд.

-Бовари кас намеояд, ки зани аллакай модаршуда ме-

тавонад чу-нин пайкари зебо дошта бо-шад…

-Се карат модар!-Ба ростї модари се фар-

зандед?! -Бале, фарзанди якумам дух-

тарча аст, пас аз вай дугоник таваллуд кардам.

- Ф а р з а н д о н а т о н р о номњои тољикї мондед ё русї?

-Таърихи номгузории фарзан-донам хеле аљиб аст. Чил рўз ба-рои љигарбандонам аз китобњои муќаддас ном љустаму билохи-ра ёфтам. Амал, Камал, Љамал! Амал-номи шоњзода, Камал-фазл, Љамал-зебої аст.

-Наташабону аксари бо-нувон њатто як маълумоти олї гирифта наметавонад, Шумо бошед, чор диплом доред. Душвор набуд бароя-тон њам хондану њам раќсидану њам бо тарбияи фарзандон машѓул шудан?

-Шукронаи модарљонамро мекунам, ки бароям њам дўсти бењтаринанду њам продюсер ва њам такягоњи боэътимод.

-Баъди сар задани нооромињои кишвар аксари-ят, њатто њунармандоне, ки имкони дар хориља макони зист ёфтан доштанд, тар-ки Тољикистон намуданд….

-Матлабатонро фањмидам. Медонед, Тољикистонро ман бисёр-бисёр сахт дўст медо-рам. Аз ин кишвари офтобї дил канда наметавонам, вагарна пешнињодњо аз хориљ зиёд бу-данд.

-Мегўянд, ки Наташа аз тўйдорон барои раќсаш

1000-2000 доллар талаб ме-кунад, рост аст?

-Э нее! Ба кадом љашну маъ-ракае, ки то имрўз даъватам кардаанд, бо љону дил рафта хизмат кардааму мекунам. Њар чи тўйдорон њиммат кунанд, бо њамон ќаноат мекунам. Дар тўйи чандин касон њатто бе пул, танњо барои хурсандии тўйдорон

раќсидам.

-Чењра, мўю рўй ва чашму миж-гонатон тољикона аст…

- Ман русдухтари тољикам. Тољиконро хоњарона эњтиром ме-кунам. Аслан миллатчї нестам, касеро дар умрам аз касе боло нагузоштаам.

-Дар таљрибаи чандинсо-лаи њунариатон мухлисоне низ буданд, ки ба ќадри санъати шумо нарасиданд?

-Мутаассифона буданд. Мехоњам мардум байни раќќосањои касбї ва раќќосањои кўчагї, ки аз мактаби раќс на-гузаштаанд ва истеъдод њам на-доранд, фарќ гузоранд. Духта-ракони зиёдеро медонам, ки ис-теъдоди баланд доранд, вале ба ќадри зањматашон касе намера-сад. Аламам меояд аз беќадрии раќоса. Бадбахтона мардуми мо раќќосањоро бо духтарони са-букпою бадгашт, бо фоњишањо баробар мешуморанд. Гумон мекунанд, ки раќќоса нангу но-мус ва иффату шараф надорад. Дар асл чунин нест. Дар байни раќкосањои тољик ман барин дух-тарони бо иффат зиёданд.

-Шунидем, ки як мухлисаш ба Наташа љипи сафед тўњфа кардааст…?

-Ин гап рост аст. Бо шарофа-ти њамин гуна мухлисони асил дили мо, санъаткорон ба њунару санъат гарм мешавад. Дуо ме-кунам, ки мухлисони азизам

њамеша хушбахту дастболо бо-шанд!

-Ваќте шумо ба сањна ме-бароед, чашм, абрў, миљгон, рагу пайванд, хулоса тамо-ми вуљудатон дар њавои мусиќї мераќсад. Њунармандонеро медонам, ки барои шердил шудан пеш аз ба сањна баромадан маш-рубот менўшанд…?

-Ман на бангу сигор мека-шаму на машрубот менўшам, шавќи раќсидан аз кўдакї дар хуну пўстам љой гирифтааст ва ваќте дар њавои мусиќї ба сањна мебароям, чашму абрўвонам худ аз худ ба раќс медароянд.

-Дар як маърака раќќосаеро дидам, ки ба шумо монандї дошт…?

-Ба ман ин гапро зиёд мегўянд. Чандин раќосањо либос ва пардози мўю рўяшонро ба ман монанд ме-кунанд, вале аз ўњдаи бозии чашму арбў намебароянд, чунки ин њунари худодод ва таќлиднопариз аст.

-Дар шоу-барномањо баромад мекунед?

-Бале.-«Бе мураббї зери гардун

муътабар натвон шудан» гуфтаанд, киро устоди худ мешуморед?

-Устоди аввалинам Шарофат Рашидоваро барои омўхтани роњи равиши санъати раќс хеле

дўст медораму

эњтиром мекунам. -Ваќтњои охир тариќи

синамо шуморо кам меби-нем…?

-Чанд раќси нав омода наму-даам ва умедворам, ки рўзњои наздик телевизион онњоро пеш-каши мардум месозад.

-Дар сўњбати чанд сол пештараамон шумо худро Наташа Иванова муаррифї карда будед. Имрўз Наташа-бону номидед. Чаро?

-Медонед, дар барномањои консертї ваќте ному насаби маро муаррифї мекунанд, зад-даро ба њарфи а-и насабам мегузоранд, ки ин нодуруст аст. Ман Иванова њастам, зада ба њарфи «о» меояд. Барои њамин худамро Наташабону муаррифї мекунам.

-Дар охир ба мухлисона-тон чї таманно доред?

-Мухлисони азиз! Ба гапу ка-лоча ва овозаю њунгомањое, ки дар бораи ман мешунавед, бо-вар накунед. Ман зиндаву са-ломат ва љавону зебояму њамаи шумоёнро дўст медорам!

Нодирабону

даричаи ошної:наташа соли 1986 дар шањри душанбе таваллуд шудааст. духтарки њунарманду бомаърифат ва соњиби чор маълумоти олї аст. Коллељи ба номи ањмад бобоќулов, донишгоњи санъат, донишгоњи андоз ва њуќуќ ва донишгоњи славянї-русии тољикистону росссияро бо дипломи сурх хатм намудааст. дар ансамблњои зиёд аз ќабили дастањои раќсии «лола» ва «Сомон» фаъолият намудааст. айни замон солисти ансамбли миллии «љањоноро»-и назди театри опера ва балет аст. наташа аз кўдакї дар озмунњои гуногуни раќсї ширкат меварзад. Ѓолиби дукаратаи озмуни љумњуриявии «чўљаи заррин» буда, дар озмуни байналмиллалии «умеди аврупо» якбора чањор љоизаро сазовор гаштааст. Ѓолиби наминатсияи «раќсњои халќї», «раќси якка», љоизаи махсуси мањмуд эсанбоев ва љоизаи «фардои аврупо» дар озмуни мазкур мебошад.

Наташабону:

душмАнонАм мАро зиндА бА зиндА гўр кАрдАнд

дар мењмоНии "оила"

Page 16: шумораи 24

№24 (748) 18.06.2014 16

Пешнињодњои худро тавассути телефони 238-53-35 ва почтаи электронии [email protected] ирсол намоед.Масъули сањифа

Cайфиддин Суннатї

оила ва иСлом

Њар инсон хоб мебинад ва дергоњ зери таъсири он мемонад. Баъзе хобњо бошанд ба зудї фаромўш мешаванд. Бисёрињо мехоњанд, ки хоби неки дидаашон амалї гардаду хоби бадашон дурўѓ барояд.

Шахсе аз Мавлоно Муњаммади Полинпурї тавас-сути нома баъди салом таъ-бири хобњояшро ба ин маз-мун пурсид: «Гоње дар хоб мебинам, ки тамоми мулк дар ихтиёри ман аст ва ман подшоњи он њастам. Гоње ба асп саворам ва мардумро ме-бинам, ки аз паям равонанд. Гоње мебинам, ки дар дастур-хони бузург мевањои гуногун пешам нињодаанду ман аз онњо мехўрам. Баъзан хоби хавфнок мебинам, ки аз пайи ман море медавад ва ман пеши он давон њастам. Аммо аз тарс поям њаракат намеку-над. Мењрубонї карда љавоб бидињед».

Мавлоно Полинпурї чунин посух додаанд: «Бародари

азиз! Аввал ин ки хоњиши таъбири њар хобро надо-шта бош. Зеро инсон ба чандин

сабаб хоб мебинад:1.Хоббинї бо таъсироти

равонї ва муњит низ ба амал меояд.

2.Дар хазинаи тасаввурот гоње чизњои ќаблан диданашу-да мављуд мебошад.

3.Бухори аз меъда хориљшуда ба маѓзи сар таъ-сир мерасонаду инсон хоб ме-бинад.

4.Бар асари зиёдшавии яке аз ин хилтњо мисли савдо, сафро, хун ва балѓам низ хоб дида мешавад.

5.Хоњишоти нафсонї њам ба хоб дидан таъсир мерасо-нанд.

6.Шайтон ба сабаби њасад ба инсон хобњои парешонку-нанда нишон медињад.

7.Хобњо гоње рост ва гоње дурўѓ мешаванд.

Аз ин сабаб дар пайи таъ-бири њар хоб гаштан лозим нест. Агар шахси гуруснаву ташна дар хоб ѓизо бихўраду об бинўшад, гуруснагию таш-нагиаш рафъ намегардад. Ба сари касе дар хоб тољ гу-зошта шавад, подшоњ наме-шавад. Агар хоби нек бинад, «Алњамдулиллоњ» бигўяд. Ва агар хоби бад бубинад, «Лоњавла ва ло ќуввата илло биллоњил ъалиюл ъазим» бигўяд ё «Астаѓфируллоњал ъазим» бигўяд.

Барои пешгирии хобњои шайтонї бо тањорат хобидан, пеш аз хоб «Ояталкурсї» ва сурањои «Ќул аъузу бираб-бил фалаќ» ва «Ќул аъузу бирабиннос»-ро хондан хуб аст.

њазрати Абуњурайра (р) наќл мекунад, ки Ра-сули Худо (с) фармуданд: «Касе ки умедвори дидори Худованд (љ) бошад, бар ў лозим аст, то Ањлуллоњро эњтиром кунад». Сањобагон пурсиданд:-Оё Худованд ањл дорад?

Расули Акрам (с) фар-муданд: Оре, њофизони Ќуръони Карим ањли Худованданд. Огоњ бо-шед, касе ки онњоро из-зат мекунад, Худованд ўро иззат медињад ва до-хили бињишт мегардонад. Касе ки онњоро тавњин (бењурмат) кард, Худо-ванд ўро хор мегардонад ва дохили дўзах мекунад.

Абуњурайра (р) мефармо-яд, ки назди Худованд ѓайри њомилон (ќориён, олимон)-и

Ќуръон касе муаззиз нест. Танњо паёмбарон аз онњо бењтаранд.

Њазрати Алї (р) наќл ме-кунанд, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Касе Ќуръонро ёд кард, њалоли онро њалол ва њароми онро њаром до-нист, Худованд ўро дохили бињишт намуда, шафоати ўро дар њаќќи дањ тан аз хонаво-даи ў ќабул мекунад, ки дар њаќќашон файсалаи дўзах шуда бошад».

Дар њадиси дигар он њазрат (с) фармудаанд: «Олим аз омўхтани илм сер намешавад, то он ки билохира ба бињишт расад».

Анас ибни Молик (р) наќл мекунад, ки шахсе назди Ра-сули Худо (с) омада пурсид: «Ќиёмат чї ваќт фаро мера-сад?» Расули Худо (с) ба ў гуфтанд: «Барои ќиёмат чї омодагї дидаї?» Ў гуфт: «Ѓайр аз намозу рўзи дигар ибода-

ти иловагї надорам, вале ба Худо ва Расули ў муњаббат дорам».

Њазрати Муњаммад (с) гуф-танд: -Муњаббати онњо туро ба бињишт мерасонад. Бо касе муњаббат дошта бошї, рўзи мањшар бо онњо якљоя мебошї.

Анас ибни Молик (р) мегўяд, ки мусулмонон аз ин хушха-бар он ќадар хушњол шуданд, ки ягон хабар онњоро чунин хушњол насохта буд.

Худованд дар сураи «Тав-ба» ояти 119 мефармояд: «Эй ањли имон! Аз ман битарсед ва бо некон якљо (њамроњ, њамнишин) бошед!»

Маќому мартабаи олии сањобагон аз њамнишинї ва муњаббат бо Расули Худо (с) њосил шуда буд. Агар тамоми солењону авлиёи уммат якљо шаванд, ба маќому фазилати як сањобаи адно (дараљааш аз дигар сањобагон поён) наме-расад. Зеро сањобагон бевоси-та аз Муаллими башарият (с) ањкому аркони имон ва илми ахлоќро омўхта буданд.

Расули Худо (с) фарму-даанд: «Олим бош ё мутаал-лим толибилм, ё сомеъ (шу-навандаи суханони олимон) ё муњаббаткунанда (дўстдори уламо). Панљум (душма-ни онњо) мабош, ки њалок мешавї».

Модоме, ки уламо ворисони паёмбаронанд, лозим аст, ки дўстдору њамнишини олимон бошем. Зеро ягон олим касе-ро ба роњи бад фаро намехо-над. Балки олимон љомеаро ба роњи дуруст ва њаќпарастию адолатхоњї талќин карда мар-думро ба даст кашидан аз аъ-моли бад даъват менамоянд.

дўсТдори улАмо бошед

Тољро дАр Хоб дидАн нишонАи подшоњї несТ

Дар сураи «Юнус» (10-ум) ба таври ошкоро гуфта меша-вад, ки тафњими Ќуръон ба љуз Аллоњ касеро мутаалиќ нест. Ќуръон мункирони ба балои бад гирифтор мекунад. (10-40). Ояти 17-и њамин сура таъйид мекунад, ки танњо бо иродаи Аллоњ ва баракати пайѓамбар Ќуръон дастраси одамон гар-дид. Дар сураи «Исроъ» (17) («Бурдан ба шаб») гуфта шу-дааст, ки агар тамоми инсу љинси олам дар як љо љамъ оянду ба њам мадад кунанд, китобе ба монанди Ќуръон на-метавонистанд офаранд ва намеофаранд.

Њанўз дар ибтидои китоб ашхосе, ки ба офаридаи худо будани китоби муќаддаси Ќуръон шак меоварданд, ба боди нафрин гирифта ме-шаванд. Ба чунин шаккокон пешнињод мешавад, ки сурае ба монанди сурањои Ќуръон бигўяд. Агар чунин коре аз пеши эшон сохта нест («ва ал-батт натавонед кард»,-ќатъиян таъйид мекунад Ќуръон), пас њазар кунед аз он «оташе ки омода шудааст барои кофи-рон», худи онњо хоњанд буд мањруќаи он. Њамаи ин су-ханон аз љониби њомиёни дин ва илоњиётшиносони исломї њанўз њам барои та-ъйиди аќидаи офариданаша-ванда, маълумот дар бораи халќњои ќадим, масъалањои муносибатњои мусалмоно-ни кишварњои гуногун, му-носибати мусалмонон бо дигар халќњо, тасаввуроти дунёшиносї, њаёти охират, бињишт, дўзах,-њамаи ин дар Ќуръон акси худро ёфтаанд.

Ќуръони муќаддаси ба забони арабї иншогардида аз давраи Муњаммад (с) то ба рўзњои мо бе љузъитарин таѓйироте расидааст ва дар оянда њамин тавр хоњад монд. Аќидаи љовиду таѓйирнопазир будани китоби муќаддас, ки дар он тамоми њаќиќати гузаш-та, имрўз ва оянда нигошта шудааст, на танњо ба Ислом, њамчунин хоси адёни дигар низ њаст. Аз нигоњи пайраво-ни адёни яњудия ва насрония «Библия» бад ин маротиба аст. Онњо чунин мешуморанд, ки муњтавои он натиљаи талќини афкорест, ки аз љониби Худо-ванд ба муаллифони заминии он буда ва ин китоб машъали њаќиќати бузург ва мутлаќ аст. Уламои Ислом по фаротар гу-зоштаанд. Онњо дар офарини-ши Ќуръон сањим будани ода-монро умуман инкор мекунанд. Чунин аќида аз насл ба насл, тавассути муътаќидин интиќол гардида дар шуури муъминин

решаи амиќ рондааст.Аксарияти кулли мусалмо-

нон мазмуни даќиќи китоби муќаддаси худро намедонанд. Ќуръон, ки ба забони класси-кии арабии ќадим навишта шудааст, на фаќат танњо ба-рои халќњои кишвари мо бе-гона аст, балки барои онњое, ки замоне мадрасаро хатм намудаанд, сурањои зиёди онро азбар кардаву алифбои арабиро омўхта, онро муто-лиа намуда метавонистанд, дандоншикан мемонд. Си-стемаи бесамари таълим дар мактабњои тоинќилобї, ки дар назди масљидњо вуљуд до-штанд, имконият намедод шо-гирдон дониши асили лисонї њосил кунанд, онњо фаќат алифбои арабиро ёд гириф-та Ќуръонро мехонданд, вале ба мазмуни он сарфањм на-мерафтанд. Г.С.Саблуков, ис-ломшиноси пешазинќилобї, ки Ќуръон ва таъсири онро бар мусалмонњои тотор амиќан омўхтааст, њанўз ќарни гу-зашта ќайд намудааст, ки са-баби ин њол дар эњтиёткории мусалмонњост, зеро онњо ме-тарсиданд, ки мабодо мазмуни китоби муќаддасро нодуруст маънидод намуда дар назди Худованд гунањкор шаванд.

Чунин аќида то њол миёни мусалмонон вуљуд дорад. Ма-салан, А.К. Бўстонов, муалли-ми собиќи мактаби њаштсолаи Зеленчуки вилояти худмух-тори Ќарочою Черкассњо дар сўњбат бо яке аз муаллифо-ни ин сатрњо наќл намуд, ки падараш марди таќводор буд ва Ќуръонро мунтазам ќироат мекард. Ваќте писар мепурсад, ки дар ин китоб аз чи бобат су-хан меравад, падар дар љавоб мегўяд:

«Маънии онро гуфтан мум-кин нест. Ман метавонам но-дуруст маънидод кунам, ки ин боиси гуноњи азиме хоњад шуд».

Кайњост, ки Ќуръон таваљљуњи донишмандону ади-бонро ба худ љалб кардааст. Аз ин рў бо вуљуди он ки ула-мои ислом аз ќабл ба ин кор муносибати манфї доштанд, он чандин маротиба тарљума шудааст. Ќуръон њанўз дар ќарни XII дар Аврупо маълум гардидааст. Порањои онро соли 1143 ба забони лотинї гардонида будаанд. Соли 1647 Ќуръонро ба забони фаронсавї тарљума карданд. Соли 1649 ба забони инглисї, соли 1772 ба забони олмонї ва баъдан ба забонњои зиёди халќњои дунё Ќуръон тарљума гардид. И.Ю. Крачковский ќайд намудааст, ки Ќуръон

киТоби ХудовАнд

Page 17: шумораи 24

№24 (748) 18.06.2014 17

тимСоњи панљметра

мўйСафедро хўрд

Дар Австралия боќимондањои љисми сайёњи 62-соларо аз даруни тимсоњи панљметра баъди парондани љонвар пай-до намуданд. Сайёњи кушташуда бо ањли оилааш дар наздикии боѓи њайвонот умр ба сар мебурд. Тавре муњаќиќон аз донишгоњи Теннеси муайян намудаанд, тимсоњњо ба бо-лои дарахт баромада метавонанд. Ин љонварони бањрї бемалол ба баландии 4 метр мебароянд.

мўйСафеди 111-Сола фавтид

Александр Имич, ки њамчун марди пиртарини љањон ба ки-тоби рекордњои Гиннес дохил гашта буд, дар синни 111-солагї ин дунёро падруд гуфт. Имич соли 1903 дар Полша таваллуд шуда, дар бобати асрори дарозумрияш гуфта буд, ки бо вар-зиш машѓул шуда, гўшти мурѓ ва моњї истеъмол менамояд. Айни замон дар дунё беш аз 60 пиразан дар ќайди њаётанд, ки аз Александр Имич умри дарозтар доранд. Боз як пира-марди 111-сола бо исми Сакари Момои дар Љопон умр ба

сар мебарад.

марди чандиртаринВиљай, варзишгар аз Њиндустон бе ягон

душворї сару дасташро ба даруни ракеткаи теннисбозї медарораду як пояшро дар пушти сараш монда, нўшокии соса-соla менўшад. Ин корманди 27-солаи маѓоза мегўяд, ки аз хўрдї мухлиси њуќќабозињои Љеки Чан буд. Ин муњаббат Виљайро ба машќњои пайваста талќин намуда, билохира ба чунин дастовардњо ноил гардонида-аст.

Наход?!

Пешнињодњои худро бо тел: 238-53-35 ва почтаи электронии [email protected] ирсол намоед.Масъули сањифа Нодира Раљабова

Сагњо табиб

мешаванд?!Беморхонаи Санта-Мария Анунсиата аввалин касалхо-

нае гашт, ки дар он шуъбаи табобат бо њайвон фаъолияташ-ро оѓоз намудааст. Дар ин касалхона беморон бо њайвонот

танњо мемонанд. Ќобили зикр аст, ки хусусан сагњо дар табобати беморињои руњї наќши муњим мебозанд.

Њайвонњо ба инсон оромишу таскин мебах-шанду асабоният рафъ мегардад.

9 Сол ќайчї дар

меъдаШањрванди Босния Герсоговина Ален Папач табибо-

неро, ки ќайчии тиббиро дар меъдаи ў фаромўш кардаанд,

ба суд медињад. Ќайчї 9 сол дар меъдаи Ален «саёњат»

карда ањволашро тоќатфарсо мекард. Танњо ду сол ќабл,

баъди ташхис ќайчии дарозияш 12 сантиметраро пайдо

намуданд. Акнун Ален Папач барои азобњои љисмониву

модии кашидааш аз беморхона маблаѓи калон талаб

мекунад.

ангури 4000

доллараАнгури навъи «сурхи римї» танњо дар

Љопон парвариш карда мешавад. Бори нахуст ин ангур соли 2008 дар бозор пайдо шуда буд ва то њанўз сифаташро аз санљиш мегузаро-нанд. Њар як донаи ин ангури сурх ба андозаи тўби пинг-понг буда, вазнаш аз бист грамм

зиёд намешавад. Миќдори шакар дар ин ангур 18% аст. Моњи июли соли 2013 ин

ангур бо нархи 4000 доллар, яъне њар як ѓуррааш бо арзиши 110

доллар фурўхта шуда-аст.

25 литр об дар

ЯК рўзТабибон ва парњезгарон дар

як рўз 2 литр об нўшиданро тавсия медињанд. Аз ин миќдор зиёдаш ба саломатї зарар доштааст. Одами со-лим дар як рўз аз 6 литр об зиёдтар нўшида намета-вонад, вале Саша Кеннеди 26- сола дар як рўз то 25 литр об менўшад. Ин мода-ри љавон аќаллан як соат бе об зиста наметавонад. Саша маљбур аст зарфњои обдорашро пайваста бо худ бигираду рўзе 40 бор ба њољатхона дарояд.

горилла аз 40 њазор

ќошуќи оњанинДар маркази шањри бритонии Освестри

маймуни оњанинеро сохтанд, ки баландияш 3,6 метр буда, аз 40 њазор ќошуќи фулузин сохта шудааст. Барои сохтани муљассамаи горил-

ла усто 5 моњ зањмат кашидааст. Ури Гиллер маймуни аз ќошуќ сохташу-

даро дар боѓи хонааш мондан мехоњад.

пешоб Сўзишворї мешавад?

Сокинони сайёраи Замин дар як рўз наздики 10,5 миллиард литр пешоб хориљ мекунанд-ин миќдор барои пур кардани 4200 њавзи Олимпї басанда аст. Аслан пешобро партов мешумо-рем, вале олимон мехоњанд онро ба сифа-ти сўзишвории мошин истифода бубаранду хонањои истиќоматиро бо пешоб гарм созанд. Гурўњи олимони Куриёї атомњои углеродро аз пешоб гирифта, барои истењсоли ќувваи барќ истифода бурданї њастанд.

аљинањо болиштњоро меСўзанд

Оилаи иборат аз шаш нафар, ки дар хонаи чорњуљрагї дар Житомир умр ба сар мебаранд, баъди 30-соли рўзгори осуда ха-бар доданд, ки як сол боз аз вайронкорињои ќуввањои нопок дар азобанд. Дар аввал аљинањо љевони седараро чаппа карданд,

баъди ба љояш гузоштани он љевон дубора афтидааст. Акнун дар хона

бе ягон сабаб болишту дигар мебелњо оташ мегиранд.

Page 18: шумораи 24

№24 (748) 18.06.2014 18 шанС

Аз моњи январи соли 2000-ум нашр мешавад. Дар Вазорати Фарњанги ЉТ тањти №507 ба ќайд гирифта шудааст. Њафтанома ба хотири риояи гуногунандешї маводеро низ ба табъ мерасонад, ки хилофи назараш аст. Ба мазмун ва санаду раќамњои маводи чопшуда муал-лифон љавобгаранд. Сурату мусаввадањо ба муаллифонашон баргардонида намешаванд.

Дар матбааи «МЕГА-ПРИНТ» чоп шудааст. Сањифабанд: Гулнисои ЊИКМАТУллО Мусањњењ: Нодира РАЉАБОВА Теъдод 15000

Суроѓаи мо:734018, шањри Душанбе, хиё-

бони Саъдии Шерозї, 16.Тел: 238-53-35, Дафтари хабаргузорї дар

вилояти Суѓд: ш.Хуљанд кўчаи Камоли Хуљандї 114, хонаи 15. Тел:6-75-23 , 92-730-06-50

E-mail: [email protected]

њафтаномаи оммавї-маърифатї

Сармуњаррир:

Фирўза Сатторї

инњо бАХТ мељўянд:

диќќат! диќќат! диќќат!

мАњфили шиносоии "лайлию маљнун"

хонандагони азизи «оила»! Шумо њоло њам дар ёфтани љуфти муносиб мушкилї ме-

кашед? Дар бунёди оила љиддиеду аммо дар мондани ќадами аввалин бањри соњиби бахт шудан устувор нестед? Аз танњої азият мекашед?

Мо мушкилии шуморо осон хоњем кард! Аз моњи декабри соли 2013 сар карда, Шумо метавонед бо

шиноснома ва як дона аксатон ба идораи «Оила» омада бахта-тонро ёбед. Агар роњ дурї кунаду омада натавонед

тариќи ММС акси худро ба раќами 935606505, 238-53-35 ирсол намоед ва тариќи СМС- ба

раќами 7777 дархост фиристед! Мањфили шиносоии «Лайлию Маљнун» ба

Шумо дар ёфтани бахт ёрї мерасонед. Бахтатонро аз даст надињед!

Мањфили шиносоии «Лайлию Маљнун» барои он шахсоне, ки мехоњанд бахти худро пайдо кунанд, кўмак мерасонад.

намуна барои фиристонидани СмС: Оила «Лайлию Маљнун». Ман Салимова Омина, 35-сол дорам, мехоњам

тавассути мањфили «Лайлию Маљнун» бахти худро дарёбам. Бо марди то 45-солаи љиддї ва соњиби љои кору манзил оила барпо карданї њастам.

занњо• Д.86. Духтари зе-

бои исфарагї мехоњад бо љавонмарди то 35-солаи зебо, мењрубон ва ќавиирода оила бу-нёд кунад.

• Д.87. Зебосанами панљакентї бахташро ба во-ситаи газетаи «Оила» ёфтан мехоњад. Бо марди то 36-солаи соњиби љои кор ва манзил оила бунёд карданист.

• Д.88. Духтари зебои аштї. Маълумоти олї дорад. Мехоњад бо марди маълумоти олидор оила бунёд кунад.

• Д.75. Духтари 34-сола, со-кини шањри Ќўрѓонтеппа. То ба њол бахти худро пайдо карда натавонистааст. Мехоњад, ки бо љавони то 35-солаи боимон ва љои кору манзил таъмин оила бунёд намояд.

• З.76. Зани 24-солаи зебо. Бахти аввал ба рўяш наханди-дааст. Худаш дўзандаи моњир мебошад. Мехоњад, ки бо љавонмарди соњиби манзил ва љои кор оила бунёд намояд.

• З.79. Духтари зебои хуљандї. 34-сола аст. Айни за-мон хонашин мебошад. Бахти худро мехоњад, ки пайдо намояд. Марди то 42-солаи соњиби љои кор ва манзилро шавњари худ дидан мехоњад.

• З.80. Зани 34-сола. Дўзанда аст. Мехоњад, ки бо марди то 42-сола оила бунёд кунад.

• Д. 82. Духтари зебои 25-сола. Сокини шањри Душанбе. Маълумоти олї дорад. Соњиби љои кор мебошад. Бо љавони

то 35-солаи соњиби

маълумоти олї ва љои кор оила бунёд кардан мехоњад.

• З.84. Зани 49-солаи хуљандї. Мехоњад, ки бо мар-ди то 60-сола оила бунёд кунад. Фарзандонашро оиладор карда-асту танњої ба дилаш задааст.

• Д.85. Духтари 48-сола. Сокини шањри Душанбе. Дар боѓчаи кўдакон кор мекунад. Бо марди то 60-солаи боимон оила-дор шудан мехоњад.

• Д.86. Духтари зебои исфарагї. 25-сола мебошад. Мехоњад, ки бо марди то 32-сола оила бунёд намояд.

• З.87. Зани зебои 40-сола. Њамшираи шафќат аст. Шавњараш дар садамаи автомобилї вафот кардааст. Бо як духтар танњо мондааст. Соњиби манзил дар шањри Ду-шанбе мебошад. Бо марди иде-алии маълумоти олидори то 50-сола оиладор шудан мехоњад.

мардњо• М76. Марди 59-сола. Со-

кини н.Вањдат, бо маќсади оиладоршавї бо зани синну со-лаш мувофиќ шинос шуданист.

• М.74. Љавони 22-сола, соњиби маълумоти олї, дар шањраки Чкалов зиндагонї ме-кунад. Орзуи бо духтари зебои орї аз одатњои бад хонадор шу-данро дорад. Њамсари ояндааш бояд духтари маълумоти оли-дор ва ё санъаткор бошад. Тел.

927021555• М.72. Марди 55-сола, со-

кини ноњияи Њисор, иљоракор, аз њамсараш расман људо шу-дааст, мехоњад бо зани боимон, мењнатдўст ва ба ќадри зиндагї мерасида оила бунёд кунад.

• М.66. Марди 51-сола. Соки-ни шањри Турсунзода мебошад. Баъди вафоти оилааш бо зани то 45-солаи боимон оиладор шу-дан мехоњад.

• М.67. Марди 47-сола. Мехоњад, ки бо зани то 40-солаи боимон оила бунёд кунад.

• М.68. Марди 54-солаи њисорї. Тољир мебошад. Оила-аш вафот кардааст. Мехоњад, ки бо зани то 50-сола оила бунёд кунад.

• М.69. Љавони 26-солаи хуљандї. Аз њамсари аввалааш људо шудааст. Мехоњад, ки бо духтари то 25-солаи маълумоти олидор ё дўзанда оила бунёд кунад. Тел. 927-43-59-54.

• М.70. Љавони 35-солаи данѓарагї. Асосан дар Россия кор мекунад. Мехоњад, ки бо зани то 30-сола оила бунёд ку-над.

• М.71. Марди 64-солаи бохтарї. Бо зани то 50-сола ои-ладор шудан мехоњад.

• З.69.Зани 46-сола , сокини шањри Душанбе. Мехоњад, ки бахти худро ба воситаи газетаи «Оила» пайдо кунад. Хонашин аст. Ду фарзандашро ба њаёти мустаќилона гусел карда, дав-раи пирї дидан мехоњад.

• З.70. Зани 39-сола. Аз са-баби бефарзандї аз шавњараш људо шудааст. Худ мусоњиб аст. Бо марди боимони соњиби ман-зил ва љои кор оила бунёд ку-над ва ба фарзандони он мард модарї кунад.

• З.71. Зани 31-сола . Соњиби як духтарча мебошад. Бо сабаби майнўшиаш аз шавњараш људо шудааст. Мехоњад, ки бо мар-ди то 43-солаи боимони дур аз одатњои бад оила бунёд кунад.

ќабули эълонњо бо телефони (44) 640-99-88

хизматрасонї

таъљилан мефурўшам

Автомобили опел vektra соли барориш 1990 дар њолати хуб бо газ ва бензин таљњизонида шу-дааст. Тел: 918668264

фурўши манзил

Замин оњу фиѓон дорад Худоё,

Фалак ашки равон дорад Худоё

Бароят нолаи ќурбон дорад,

Ки доѓи рафтагон дорад, Худоё

Бале, шаш моњ шуд, ки мо азизи дили худро гум кардаем. Њарчанд худро тасалло дода инро ќонуни табиат ва хости Худо пиндорем, вале ба гуфти шоир ва њофизи афѓон Ањмад Зоњир гуфтаниам:

Ман дар ин вайрона манзил ганљро гум

кардаам,Мурѓи дилро ба туфон

мењрро гум кардаам.Ман яке гум кардаам, дар

љањон њамто надошт.Гар намешуд куфр

гуфтан Худои худ гум кардам.

29 ноябри соли 2013 мо бародари азизи худ, Зои-дов Суњробљонро гум кар-даем. Суњробљон аз овони кўдакї зењни буро ва нутќи равон дошт. Мактаби миёнаи раќами 1 ноњияи Файзободро бо медали тилло хатм карда, ба Донишгоњи миллї дохил шуда, соли 1975 факултети физика ва математикаи њамин донишгоњро бо «Дипломи сурх» тамом кард.

Соли 1982 Суњробљон ба-робари дигар фарзандони Ва-тан ба хизмати њарбї сафар-бар карда шуда, дар шањри Ленинград (њозира Санкт-Петербург) адои хизмат на-муд. Донишу мањорат ва тай-

ёрии љисмонии Суњробљонро ба инобат гирифта, Кумитаи Бехатарии Давлатии СССР ўро њамчун афсари касбї ба хизмати доимї фаро гирифт. Суњробљон то охири умр дар ќасами њарбии худ содиќ мон-да, дар бисёр шањру вилоятњои Федератсияи Россия ва собиќ давлатњои шўравї, аз љумла Тољикистони азизи мо адои хизмат намуд. 29-ноябри соли 2013 бародарам профессори илмњои сиёсатшиносии инсти-тути ФСБ-и шањри Кургани Фе-дератсияи Россия Суњроб Зо-идов аз касалии кутоњмуддат њаётро паруд гуфт.

Мо њамаи хоњарон ва зану фарзандонаш сахт андуњгин буда, ба њамаи авлод ва ёру дўстон сабри љамилу хотири љамъ таманно дорем.

Хоњарони љигарсўхта Маърифат ва Майрам

иљора медињам2-њуљрагї дар ошёнаи 3

бо тамоми шароит ба муд-дати дароз.

Тел: 918-79-08-79

Саломатї• Табобати системаи

асаб ва психика. Рањої аз эњсосоти манфї (тарс ва ранљиш, бадбинї, аса-боният ва ѓ). Хуб сохтани муносибатњо бо наздикон ва атрофиён. Бароварда-ни сењру љоду. Инчунин табобати беморињои зиёд. Медгородок. Тел. 905-55-33-66

• Мањс танњо барои бо-

нувону кўдакон. Тел: 918-17-77-19

њуќуќшиносАдвокат, ёрии њуќуќї

дар корњои оилавї, љиноятї, иќтисодї, гражданї, рўёнидани ќарз, њимояи ќарздор, бастани шартномањо. Тел: 93-445-97-97, 917-96-75-57

ниёз доремШиркати байналмилалї,

бонувони фаъолро ба кор даъват мекунад.

Тел. 900-09-78-92

зодрўз мубораК!Кормандони Куми-

таи идораи замин КФД «Пайванд»-и н.А.Љомї Ази-зов Комил, Бобоев Акбар ва Неъматов Изатуллоро бо зодрўзашон табрик гуфта, ба онњо саломатї, комёбї, бурдборињоро таманно до-ранд.

Сад сол бизї саду як сол бизї,

Хандидаю болидаю хушњол бизї.

сўгнома

Сармуњаррир шудан мехоњед?

"Оила дар Русия-мигрант" байни журналистон, адибон ва дигар суханварон барои ишѓоли вазифаи сармуњаррир озмун эълон менамояд. Маљаллаи мазкур ба масоили њаёти муњољирони тољик дар Русия бахшида шудааст. Дар озмун довталабони аз 25 то 45 солаи ќалами бурро, зењни тез, њунари бо кампютер ва Интернет кор кардан дошта, шир-кат варзида метавонанд. Донистани забонњои тољикї ва русї, њамчунин њисси баланди масъулиятшиносї њатмист. Дархост ва шарњи њол (сиви)-и худро метавонед ба почтаи электронии зерин ирсол доред: oila _ [email protected]

Эълон

Page 19: шумораи 24

№24 (748) 18.06.2014 19ЗиНдагї

(Давомаш. Аввалаш дар шуморањои гузшта.)

тўъмаи моњиёнСафо ва сагбачањояш љасади

Муроди бегуноњро ба боѓоч бор карда, мошинро ба самти дарё ронданд. Мурдаро дар соњили дарё аз мошин фароварда, яроќбадастони хунмаст то ху-нук шудани дилашон озор до-данду ба таври худашон дил-хушию кайфу сафо намуданд. Беинсофњо гўшу бинии мурдаро буриданд, забонашро аз њалќаш кашида гирифтанд, чашмонаш-ро бо корд аз косахонаашон бароварданд. «Њолат аз ин бад, саѓераи очаѓар» гўён, Са-фои нокас шимашро поён кар-да, бо ѓуруру такаббур ба рўйи љасади дўсти айёми љавониаш мезид, сипас мурдаро ба оѓўши амвољи пуршўр њаво доданд. Да-рёи Кофарнињон, ки аз одамхўрї гўё маст шуда буд, мисли аж-дар дар як дам љасади Муродро ба домаш кашид. Боз як љавони баномус ќурбони љанги бемаъ-нию тўъмаи моњиёни ќаъри дарё гашт.

шикори нобарори њофиза

Сафо ба шарофати аз як душмани ашадї-Мурод халос шудан зиёфат доданї шуда, мошинро сўи бўстонсаро ронд. Дар ин макон чандин одамони номдор бўстонсаро доштанд. Баногоњ чашми гургонаи Сафои њаромхиштак ба як њофизаи ши-нохтаи эстрада афтид, ки дар ин мавзеъ бўстонсаро дошт ва ба сагбачањояш рў оварда гуфт:

-Оњ, ин бева то ба њол зинда будааст! Имшаб хизмати моро кунад, чї мешавад?!

Зердастонаш завќ карда хан-диданд ва Сафо аз ин илњом ги-рифта, бо виќор љониби њофиза равон шуд. Баробари дидани яроќбадастон њофиза хост фи-рор намояд, вале Сафо номаш-ро гирифта љеѓ заду бечора ночор ќафо гашт. Сафо худро љентелмен нишон дода, бо виќор салом дод ва таъкид кард, ки дар чунин вазъият танњо гашту-гузор намудани зад бисёр хавф-нок аст. Дили сароянда каме ором шуда гуфт, ки барои ба хонаи шањриаш бурдани мураб-бою шакаробњои дар бонкањо мањкамкардааш омадааст. Сафо ваъда дод, ки дертар худаш бо мошинаш бонкањоро мебарад ва љавонзанро ба бўстонсарояш даъват намуд. Њофиза эњсос на-муд, ки аз ќумандон бўйи банг меояд, роњи муросо љустанї шуда, гуфт, ки оббозї карда, баъд меояд. Сафо ба гапи зан бовар карда, дастафшон љониби бўстонсарояш равон шуд. Са-роянда ба хонааш даромада дарро аз дарун мањкам кард ва аз сурохї то аз назар ѓоиб шу-дани Сафо поида истоду сипас аз роњи пинњонї ба берун ба-ромада, чапѓалат дода, љониби роњи калон Давид. Хушбахтона баробари ба роњи калон барома-дан мошине дар наздаш ќарор гирифт ва зане аз мошин фа-

ромада кўљо равон буданашро пурсид. Ин зан раиси љамоат, апаи Шањодат буд ва сароянда-ро ба мошинаш савор карда ба шањр бурд.

Сафои ташнаи шањват хаба-ри фирор намудани њофизаро шунида, ќариб девона шуд. Бо маќсади ќасос гирифтан ба бўстонсаройи сароянда рафта, тамоми чизу чораи хонаро ѓорат кард. Хост бўстонсаройро оташ занад, вале мўйсафеди посбон огоњ намуд, ки бењтараш бо ин зан сару кор нагирад, чунки пуштибонњои зўре дорад, ки гўрашро зинда ба зинда мекананд.

аз ишќ то нафрат як ќадамНиссое, ки як замон ошиќи

зори Сафоро буд, акнун интизорї мекашид, ки кай хабари марги шавњараш мерасаду вай нафа-си осуда мекашад. Љонбезор шуда буд занак аз шўйи бева-бозу муштзўри худобехабараш. Се писараш аллакай ќадрас шуда буданд ва љабру љафои падарашонро нисбати мода-рашон дида, љигархун мешу-данд, вале љуръат намекарданд ба њимояаш бархезанд. Сафо њамеша ба хона масту аласту хуморї омада, ягон бањона ме-ёфту Ниссоро зери мушту лагад мегирифт. Берањмона мезад, он-чунон берањмона, ки аз дањону бинии занаки бечора хун фонтан барин пош мехўрд. Писари кало-ниаш ба авлоди модариаш раф-та, бисёр бачаи борањму шафќат буд ва њамеша Ниссоро тасаллї дода, мегуфт: «Очаљон, ѓам на-хуред, худам калон шавам, пуш-тибонатон мешавам ва намемо-нам, ки ягон кас ба саратон овоз баланд кунад ё даст бардорад!» Ниссо худоро шукр мегуфт, ки аз њамин Сафои бе худо чунин фарзанди мењрубон рўидааст, вале њамеша як гўшаи дилаш сиёњ буд. Аз њамсари Сафои зо-лим шуданаш сад бор пушайон шуда буд ва мушт бар сар мезад, ки чаро њамон рўзи фош шудани сирри ишќбозии шавњараш бо Фотима њамроњи падараш баро-мада нарафт.

«буќќањои маст»Сафо њофизаро дашномњои

болохонадор дода, њамроњи сагбачањояш ба мошин нишаст. Мошинаш чунон бо суръати ба-ланд њаракат мекард, ки одами дидагї гумон мекард парвоз кар-да истодааст. Аз пеши роњашон гўсфанде баромад. «Эй зани молдора фалон кунам, зан њамин гўсфанда, ризќу рўзии бачањо мешавад» амр кард Сафо ва «шогирд» мошинро рост сўйи њайвон ронд. Бечора љонвар аз зарбаи сахти мошин ба њаво парида, сипас ба за-мин зад. Гўсфанд дар талвосаи љон почак мезаду яроќдорони маст механдиданд. Сафо худаш аз мошин фаромада бо корди калони дар камар доштааш, ки њамеша бо он одам мекушт, маки гўсфанро зад ва моли аранге њалолшударо ба боѓочи

мошин партофт.

найрангњои командир

Ба дари њавлиаш расидан баробар Сафо аз мошин фаро-мада яроќашро бароварду ба њаво ду тир холї кард. Садои тир мардуми дењаро сахт ба тањлука овард, модари Сафо низ ќатори дигарон давида ба кўча баромад ва писари бангиашро дида, норозиёна хитоб кард:

-Мардаки каппа-ка-лон, бачањои шилќин барин, ќилиќњои хунк мекунї, магар шарм намедорї?! Мардум чї мегўянд?!

-Ман зани гапзана мег…,-ѓурунгид Сафо ва ќањролуд ба хона даромад. Ниссо аз садои тир сахт тарсида буд ва сарашро дошта дар болои диван гиря карда нишаст. Занашро дида, њисси шањвониаш боло гирифта ва бо њамон сару рўйи араќшору бадбўй худро болои диван пар-тофта, даст ба пешобаѓали Нис-со бурд. «Дар њамин рўзи рав-шан шарм намедоред?!» гуфта, занак ўро теле дод. Норозигии занаш ќањрашро овард ва Са-фои бе андешаю худозада пи-столетро ба дањони њамсараш гу-зошта, гуфт: «Овозатро барорї, мекушам!» Ниссо берањмию хунсардии шавњарашро хуб медонист ва мўътаќид буд, ки барои ин дарранда одам ќадри як мўрчаро њам надораду ме-тавонад њатто модари фарзан-донашро дар як мижжа задан ба он дунё фиристад, бинобар ин, дам фурў баст. Чашмони зан ѓарќи об буданд, вале шавњари муштзўраш аз ќаробат лаззат бурда, дам ба дам нолишњои шањватбор мекард. Ниссо дар ин лањзањо худро њамтаќдири занону духтароне эњсос мекард, ки яроќбатастони муштзўр зўран ба номусашон дастдарозї на-муда, берањмона таљовуз ме-кунанд. Њаллосзанос нафси шањвониашро ќонеъ карда, Сафо дар болои диван да-роз кашид ва чанде пас са-дои хўрроккашиаш баланд шуд. Ниссо аз фурсат исти-фода бурда, оњиста аз хона баромад. Занаки бечора аз шарм дар назди хушдоману бачањояш сарашро набардош-та, бељуръатона љониби њамом

равон шуд. Телехњо, ки њолати зани командирашонро аз зери чашм наззора менамуданд, эњсос карданд, ки Сафо аллакай алами аз даст додани њофизаи нозанинро аз њамсараш гириф-тааст ва љониби Ниссо тамасху-ромез нигарста писханд заданд: «Командирда гап нест, њамин хел не, янга?! Ниссо љониби ин рўбоњчањои мўрдор нигоњи на-фратомезе партофт ва лаб гази-да ба њамом даромад. Телехњо хандида-хандида аз дарвоза ба-ромаданд.

дар ќасди љони модар

Бегоњї дар сари дастурхон модараш боз Сафоро насињат кард, ки аз роњи бад гардад ва дигар мардумозорї накунад. «Аз дилозор худо безор» гуфтаанд, бачам, мардумро озор надењ, ки ба ѓазаби худованд гирифтор мешавї» панд медод кампир, бехабар аз он, ки ваќти тарбият намудани Сафо гузаштааст ва дигар ба ин пўстѓафс тири сухан асар намекунад. «Аљузкампир, дар љонум задї бо њамин ваќ-ваќат, дамата мегирї ё не?!» дод зад писари худобехабар. Модар боз ўро сарзаниш на-муда, гапашро дубора такрор кард. Варсоќихонињои кампир ба Сафо нафориданд ва дубо-ра таъкид кард, ки саг барин ин ќадар наљакад. Модар ранљида гирён шуд ва маломаташ на-муд, ки наход вай бо њамин умед ўро нўњ моњу нўњ рўз дар батнаш гардондаю бо азобњои алим ба дунё оварда бошад, ки и м р ў з б о

сагу аљузкампир баробараш созад. Сафо бештар ба ѓазаб омада аз љояш бархосту ба ми-ёни модар як лагад зад. Кам-пири бечора аз зарби шаттаи писар мисли тўби футбол ба замин њавола хўрд. Бачањо тар-сида фиѓони љонкоњ кашиданду Ниссо ба имдоди кампири хуш-доманаш давид, вале Сафои золим занашро ба шаст тела зада дур кард, сипас аз мўйњои сафеди модар кашолакунон пи-разани бечораро ба оѓилхона бурд. Модарашро ба оѓили гов дароварда писари нохалаф банди дар сутун овезонро ги-рифт ва кампирро аз пояш дор овезон кард. Љисми модар дар расан сарозер овезон фиѓону нола мекарду Сафои бангї аз кори кардааш завќ бурда, ма-стона ќиќир-ќиќир механдид.

-Илоњї рўзи некро набинї, Худозад! Ба балои бад гириф-тор шавї! Њузури фарзанда асло набинї, касофати мода-розор! Мурдаат хўроки зоѓу заѓан шавад…- ду мекард мо-дари дар расан аз пояш саро-зер овезон.

-Рўзат аз ин бадтар шавад! Акнун аз дањону биниат зардоб рехта, бо сад дарду азоб дар њамин оѓили гов мемурї,-Сафо инро гуфту дарро ба рўйи мо-дараш пўшида аз оѓилхона ба-ромад.

(Давом дорад)Р. Холов

ХудозАдА

С а ф о и ташнаи шањват хабари фирор намудани њофизаро шунида, ќариб девона шуд. Бо маќсади ќасос гирифтан ба бўстонсаройи сароянда рафта, тамоми чизу чораи хонаро ѓорат кард. Хост бўстонсаройро оташ занад, вале мўйсафеди посбон огоњ намуд, ки бењтараш бо ин зан сару кор нагирад, чунки пуштибонњои зўре дорад, ки гўрашро зинда ба зинда мекананд.

Сафои бе андешаю

худозада пистолетро ба дањони њамсараш

гузошта, гуфт: «овозатро барорї, мекушам!» ниссо берањмию

хунсардии шавњарашро хуб медонист ва мўътаќид буд, ки барои ин дарранда одам ќадри як мўрчаро њам надораду

метавонад њатто модари фарзандонашро дар як мижжа задан ба он дунё фиристад,

бинобар ин, дам фурў баст. чашмони зан ѓарќи об буданд, вале шавњари муштзўраш аз ќаробат лаззат бурда,

дам ба дам нолишњои шањватбор мекард...

Page 20: шумораи 24

№24 (748) 18.06.2014 21ЗиНдагї

Page 21: шумораи 24

№24 (748) 18.06.2014 22

Page 22: шумораи 24

№24 (748) 18.06.2014 23

Page 23: шумораи 24

№24 (748) 18.06.2014 24