23
ОИЛА ЊАФТАНОМА ЊАР ЧОРШАНБЕ НАШР МЕШАВАД №14 (738), 9 апрели соли 2014 сањ.4 Сањ.12 3 Ќ аландари мўъљизакор 14 Шавњарам дар назар хук метобад 13 Калиди бахт дар дасти кист? 23 Марди бењтарин кадом аст? ДУХТАРФУРЎШ ЊАМСОЯИ БУНАФША РАЉАБОВА БИЗНЕСМЕН ШУД?

Шумораи 14

  • Upload
    -

  • View
    272

  • Download
    7

Embed Size (px)

DESCRIPTION

 

Citation preview

Page 1: Шумораи 14

ОИЛАЊАФТАНОМА ЊАР ЧОРШАНБЕ НАШР МЕШАВАД№14 (738), 9 апрели соли 2014

сањ.4

ØÀÂÕÀÐÄÓÇÄ

Сањ.12

3Ќаланда

ри

мўъљизакор

Сањ.12Сањ.12

ЌЌмўъљиза

кормўъљиза

кор

14Шавњара

м дар

назар хук метоб

ад

13Калиди

бахт дар

дасти кист?

23

Марди бењтарин

кадом аст?

ДУХТАРФУРЎШЊАМСОЯИ

БУНАФША РАЉАБОВА БИЗНЕСМЕН ШУД?

Page 2: Шумораи 14

№14 (738) 09.04.2014 2 ДОНИСТАН МЕХОЊЕД?

Танњої гуфта мо гўшаи хил-ват ихтиёр намудани инсонро дар назар надорем. Танњої аз баъзан танњої љустан фарќ до-рад. Муваќатан танњо мондан ба фоидаи инсон аст, одам фи-кру андешањояшро ба тартиб меорад. Њар инсон мехоњад дастгиру мўнисе дошта бошад, то рози дил бигўяд. Танњої, ки мо дар назар дорем, надошта-ни ана њамин хел њамдам аст. Сабабњои танњої хеле зиёданд.

Ранљиш аз њамаШахсе ки танњо аст, аз ола-

му одам меранљад, мехоњад наздиконаш ѓамхори ў бошанд, вале фањмидан намехоњад, ки атрофиён низ мушкилоти худро доранд. Ў интизори њамдардии дигарон бехабар аст, ки ќарсак аз ду даст мебарояд.

Худро дўст надоштанВарианти дигари танњої бо

айбљўйї дар худ ва мушкилоти равонии инсон алоќаманд аст. Модоме шумо худро ќадр на-мекунеду дўст намедоред, бо шумо њамин тавр муносибат

мекунанд. Барои рањої ёфтан аз ин њолат худро дўст доред. Барои худ кори табъи дил пай-до карда, рушд ёбед.

Хўрдагир буданБоз як сабаби танњої аз

атрофиён бисёр талаб кардан аст. Атрофиён ба назар беса-вод, бетарбия, бадафт менамо-янд. Ин хислат доираи дўстонро торафт мањдуд месозад.

Танњої фарбењ мекунад

Нафарони танњо майл ба ѓизои болаззат доранд, чунки

истеъмоли он њормони шод-мониро ба эътидол меорад. Аз њамин лињоз нафароне, ки гирифтори яъсу ноумедї мешаванд, ѓаму ѓуссаро бо хўрданињои лазиз дур кардан мехоњанд. Дониста бошед, ки на шоколаду на ќандина ва на ягон таоми болаззат дар-ди танњоиро даво намебах-шад. Пурхурї фарбењї ва дар натиља ба дил фишор мео-рад. Боз як роњи нодурусти њалли мушкилоти танњої ис-теъмоли машрубот ва нашъа аст. Баъди истифодаи моддаи сахттаъсир инсон каме сабук шавад њам, эњсоси танњої

бештар тазйиќаш медињад. Аз ин лињоз дарду ѓами худро бо моддањои мадњушкунанда рафъ кардан камоли беаќлист.

Дунёи худро таѓйир дињед

Барои рањої ёфтан аз танњої њаёти худро таѓйир дињед. Ба маркази фитнес, бассейн ба љойњое равед, ки майл доред. Њамаќидаву дўстони хубро пайдо карда аз зиндони танњои рањої меёбед. Ба атроф нигаред, шояд яке аз дўстон ё наздиконатон ба кўмак ниёз дорад. Аз тањти дил кўмак расонед. Бар ива-зи некињоятон бо шумо ќарин мегарданд.

Нодира

ТАНЊОЇ ЧЇ ЗАРАР ДОРАД? Мувофиќи тадќиќотњои

донишгоњи Чикаго зарари танњої ба љисми инсон баро-бар аст ба кашидани 15 ќуттї сигор дар як рўз. Нафаро-ни танњо бештар гирифтори беморињои дилу рагњои хун-гард ва касалињои асаб ме-шаванду назар ба оиладорон умри кам мебинанд.

Page 3: Шумораи 14

3САРНАВИШТ

Зану шавњари љавон дар болои сари тифли беморашон хам шуда, чї кор карданашон-ро намедонистанд. Кўдак беист гиря карда дили падару мода-рашро хун менамуд. Аз сањар боз кўдак на чизе мехўрду на як дам ором мегирифт. Ду љавони бетаљриба кўдаки гирёнро бо навбат рўйи даст бардошта, гирдогирди хона давр меза-нонданд, вале бача њамоно да-ступо зада, чирросзанон гиря мекард. Дар ин дењаи дурда-сти кўњистон на духтур буду на табиб, бар замми ин, хо-наашон дар канори дуртарини ќишлоќ љойгир шуда, њамсояи овозрасе низ надоштанд, ки маслињат пурсанд ё ягон доруи оромкунанда бигиранд. Зану шавњар байни њам мољаро до-штанд, ки садои «дўст»-кашии ќаландаре баланд шуд. Саи-да, ки гиряи пуралами кўдак ва эњсоси нотавонї дар назди ин дарди ќаттол асабњояшро батамом хароб карда буд, ба сари шавњараш дод зад:

-Ба дења меравем гуф-та безор кардї! Мана, гапи туро гирифта омадем, дидї оќибаташ чї шуд! Ту моро ба љое овардї, ки на духтур дораду на беморхона. Дар ин ќишлоќи пўсидагии шумо фаќат љўгињо мегарданд! Хезу рафта ба вай љўгї ягон чиз бурда дењ, то дафъ шуда ра-вад! Њоло ба гўшам овози бул-бул намефораду боз ин гадо бо садаќапурсиаш ба асабам расида истодааст…

Рањим аз ин тундгуфтории занаш ранљида фањмонданї шуд:

-Саидаљон, дења њамин хел душворињо дорад. Модарам њам маро бе азоб калон накар-дааст. Барои њамон азобњои кашидааш ба дења омадам, ки ману ту дар дами пирї асои да-сташ гардему хизматашро кар-да, дуои некашро бигирем. Ин марди «дўст» мекашидагї бо-шад, љугї не, бобои Ќаландар аст.

-Эй ба ман чї фарќ дорад, ки љўгї аст ё ќаландар! Он тарафаш як талбанда-да! Га-про ѓоз надода рафта ба вай ягон чиз дењ, ки гираду тез-тар равад,-бонг зад Саида ва кўдакашро ба сина пахш карда, рўяшро аз шавњараш гардонда гирист.

Бобои ќаландар, ки аз аф-таш мољарои зану шавњарро шунида буд, аз дўсткашї ис-тода пурсид:

-Писарам, чаро бачањакат гиря мекунад? Гурусна шуда-аст ё бемор аст?

-Намедонам бобољон, аз сари субњ то њол гиря до-рад. Овозаш аз зўрии дард гирифт. Модарамро интизо-рем, ки аз хонаи акаам би-ёянду ягон илољашро ёбанд,

-афсурдањолона гуфт Рањим. -Зиќ нашав писарам, њамаи

мову шумо гиря карда калон

ш у -даем, њозир бачањакат наѓз мешавад…

Љавонзан, ки аз «сергапи»-и Ќаландар сахт дилгир шуда буд, бешармона ба миёни су-ханаш лагад зада гуфт:

-Њей мардак, тезтар љавоби ин талбандаро дењу аз ќафои духтур шав, ки кўдакро аз даст медињем!

Рањим аз муносибати даѓалонаи њамсараш хиљолат кашид, вале бобои Ќаландар гўё кар бошад, худро ношуни-да вонамуд карда, гуфт:

-Писарам, кўдакатро ба наз-ди ман биёр, канї як бинам, ба писараки зебоят чї шудааст.

Љавонзани шањрї, ки на-мехост кўдакашро ин марди љандапўш ба баѓал бигирад, чанд ќадам ќафо рафт, вале шавњараш теѓ кашида ба ў ни-гаристу ишорат кард, ки зуд-тар бачаро ба бобои Ќаландар дињад. Саида кўдак дар баѓал боз ќафотар рафта, љониби шавњараш дод зад:

-Ин љандапўш чиро мефањмад?! Ба ману писарам кўмаки ин гадо лозим нест, гўй, ки тезтар баромада равад! Тоќатам тоќ шуд охир…

Бобои Ќаландар ба ин су-ханони нешдори љавонзан њам ањамият надода ба кўдак на-здик шуд ва пичиррос зад:

-Шери бобош, ба ту чї шуд? Чирроси кўдак баландтар

шуд. Ќаландар ба муќобилияти Саида ањамият надода, бачаро аз дасташ гирифту сарозер ба каљкулаш андохт.

-Њой мардак, ин мўйсафеди девона кўдакамонро мекушад,-фиѓон кашид љавонзан ва аз гиребони шавњараш дошта та-лаб кард, ки бобои ќаландарро аз хона ронад. Рањим силтав зада гиребонашро аз дасти њамсараш рањо кард ва тор-сакии обдоре ба рўяш фаро-варда амр кард, ки зуд дамаш-ро гирад. Кўдак баробари ба каљкул афтодан ором шуд. Ди-гар садояш намебаромад. Љон аз дасту пойи Саида баромад.

-Дами кўдак ба дарун аф-тода мурд. Ин мўйсафеди ифлосак бачањаки маро кушт,-Саида рўю мўяшро канда ба нолакунї даромад, вале њамин дам аз даруни каљкўл овози хандаи кўдак баланд шуд.

Ќаландар бачаро аз каљкўлаш бароварда навозиш-корона мегуфт:

-Шери бобош, туро кї зад? Ором шав, њозир ман ба ту ќандак дињам. Вай аз дару-ни каљкулаш, ки мисли каду буд ва сурохии калоне дошт, чанд дона конфет баровар-да ба кўдак дароз кард. Бача дастаконашро дароз карда ду дона печаки сафедро аз дасти мўйсафед гирифт ва њарисона љониби дањонаш бурд.

-Туро њамин отаю очаат ѓам доданд, бачаљон? Ман њозир инњоро пеши саг мепарто-ям, бигзор баба њардуяшонро

хўрад! Набераи маро ѓам додаанд-а,-Ќаландар њамоно ба бача ширинзабонї мекард ва кўдаке, ки њамагї чанд лањза пештар беист гиря ме-кард, ќиќиросзанон механди-ду ба риши бобо панља ме-зад. Саида бо чашми њайрат ба ин мўйсафеди мўъљизакор нигариста намедонист барои суханњои нешдори гуфтааш чї хел аз бобои ќаландар узр пурсад. Кўдак майли баѓали модараш карда, дастако-нашро дароз кард. Бобои Ќаландар ишора кард, ки ба-чаро гирифта сер кунад. Са-ида хиљолатмандона кўдаки хандонро аз дасти мўйсафед гирифт ва ба гўшаи дигари њавлї рафта синаи пуршираш-ро ба дањони тифлакаш нињод. Кўдак њарисона сина мемакид, гўё панљ даќиќа пештар на вай, балки тифли дигар гиря мекард. Њангоми синамаконї хобакаш бурда монд. Хоби бароњати тифлашонро дида дили Саида ором гирифт ва љониби наљотдињандаи фар-зандаш нигариста пичиррос зад:

-Бобољон, маро бубахшед, ки шуморо бо гапњои аблањонаи пасту баланд ранљондам. Сарњисоби кўдаки гирёнам-ро наёфта девона шуда бу-дам ва худам чї гуфтанамро намефањмидам. Ќурбонатон шавам, болои курпача шинед, бобољон!

Бобои Ќаландар риши барф барин сафедашро сила-кунон табассуми базебе намуд ва бо лањни саршор аз мењри падарона гуфт:

-Љони боботон фидои њардуи шумою тифлатон! Кўдакро би-сёр дўстдорї кардаед, чашма-тон гирифтааст.

Рањим пиёлаи чойро ба бо-бои Ќаландар дарозкунон пур-сид:

-Бобољон, чи мўъљиза кар-дед, ки бача дар як дам ором шуд?

-Гуфтам-ку чашми њардуятон кўдакро гирифта буд. Бачаро бисёр навозиш накун,-гуфт бобо ва аз киса-аш як шаддаи марљони сафеду сиёњро бароварда сўйи Саида дароз намуда фармуд:

-Ин мўњраи чашмиро ба дасти бачаи базебат банд духтарљон, то дигар ўро чашм нагирад.

Рањим ба бобои Ќаландар пул дароз кард, вале мўйсафед хафа шуда, озурдахотирона гуфт гуфт:

-Писарам, ту одами њамин љо њастї ва наѓз медонї, ки ман гадо нестам. Ман дўсти Худо њастам ва бо инояти ху-дованд ба дардмандон мадад мерасонам. Ин каљкули бобоят ба њафт пушташ нон медињад!

Саида гумон кард, ки бобои Ќаландар аз суханњои пештар гуфтаи вай сахт ранљидааст ва барои њамин пулро намегирад, пеши пойи мўйсафед дузона нишаста узрхоњї намуд:

-Мани беаќлро бахшед бобољон! Ба Худо ќасам, ху-дам худамро бахшида намета-вонам, ки шуморо ранљондам.

-Хез духтарам, хез! Ту гуноње надорї! Айб дар ман аст, ки бо чунин либосњои љанда дар ба дар мегиардам. Ту духта-ри шањрї, расму русуми дења ва одатњои моро намедонї. Дар бораи Ќаландарњо бо-шад, аслан ягон маълумот надорї. Дар назари ту гадою љўгїю Ќаландар як хел талбан-да метобанд,-лабхандзанон Саидаро аз замин бардошт мўйсафед. Саида дилсо-фии бобои Ќаландарро дида, хушњолона пурсид:

-Ин каљкўли сењрнокро аз куљо ёфтед, бобољон?

- Э њ

духтарам, ин каљкул умри чандњазорсола дорад. Аз њафт пушти гузаштаам ба ман мерос мондааст. Ман дарди диламро бо дўсткашї ва бо сурудхонї ба Худованд мегўям.

-Ман шуморо аз замо-ни кўдакиам дўст медо-рам бобољон,-Ќаландарро оѓўшкунон пичиррос зад Рањим.

-Маро дўст надор писарам, Худоро дўст дор, чунки моро офаридааст,-гуфт Ќаландар ва њамин дам чашмаш ба оза-хи дасти Саида афтид.

-Духтарљон, канї пештар биё, дар дастат чї барома-дааст?

Саида шармгинона да-сташро наздик овард.

-Ња, озах будаааст, њозир илољашро меёбем,-бобои Ќаландар инро гуфту аз да-руни каљкулаш бастаеро ба-роварда кушод. Дар даруни баста ким чї хел хоки сафед буд. Бобои Ќаландар дуоеро зери лаб хонда ба хок куф кард ва хокаро ба дасти Са-ида дода, фармуд, ки њар рўз ду маротиба субњу шом ба дасташ молад.

(Давом дорад)Р.Холов

Чирроси кўдак баландтар шуд. Ќаландар ба муќобилияти Саида ањамият надода, бачаро аз дасташ гирифту сарозер ба каљкулаш андохт. -Њой мардак, ин мўйсафеди девона кўдакамонро мекушад,-фиѓон кашид љавонзан ва аз гиребони шавњараш дошта талаб кард, ки бобои ќаландарро аз хона ронад. Рањим силтав зада гиребонашро аз дасти њамсараш рањо кард ва торсакии обдоре ба рўяш фароварда амр кард, ки зуд дамашро гирад. Кўдак баробари ба каљкул афтодан ором шуд. Дигар садояш намебаромад. Љон аз дасту пойи Саида баромад...

мўъљизакорЌаландари

Ќаландар њамоно ба бача

ширинзабонї мекард ва кўдаке, ки њамагї

чанд лањза пештар беист гиря мекард, ќиќиросзанон механдиду

ба риши бобо панља мезад. Саида бо чашми њайрат ба ин мўйсафеди

мўъљизакор нигариста намедонист барои суханњои нешдори гуфтааш чї хел аз

бобои ќаландар узр пурсад. Кўдак майли баѓали модараш карда, дастаконашро

дароз кард. Бобои ќаландар ишора кард, ки бачаро гирифта сер кунад. Саида

хиљолатмандона кўдаки хандонро аз дасти мўйсафед гирифт ва ба гўшаи дигари

њавлї рафта синаи пурширашро ба дањони тифлакаш нињод...

Page 4: Шумораи 14

№14 (738) 09.04.2014 4 СЎЊБАТИ САРИ РОЊ

Даричаи ошної:Бунафша Раљабова соли 1982

дар ноњияи зебоманзараи Файзобод чашм ба олами њастї кушодааст. Хатмкардаи мактаби тањсилоти њамагонии раќами 24-уми њамин ноњия буда, соли 2009 факултаи журналистикаи Донишгоњи миллии Тољикистонро ба итмом расонидааст. Бунафша оиладор ва соњиби се фарзанди дўстрўяк аст: Дилноза, Мўниса, Бузургмењр.

Бунафша Раљабова аз зумраи он сарояндагонест, ки тамоми вуљудашро зе-вари њунар оро додааст. Садояш ончунон пурэъљоз аст, ки шунаванда зери аф-суни овози ширадораш ду-нёро бо њама гиру дораш фаромўш месозад. Садои ишќ аст садои Бунафша ва њар таронааш дар дил тух-ми муњаббат мекорад. Тух-ми муњаббати беинтињо ба соњиби овоз. Бунафшабо-нуро хеле љустуљў намудем, то ба саропардаи асрори зиндагиву эљодаш роњ ёбем. Нињоят чунин фурсат даст дод ва инак, фишурдаи муњовараамонро пешкаша-тон месозем.

-Бунафшабону, эњсос мекунед, ки одамон њамеша ба њаёти шахсии чењрањои шинохта таваљљуњ доранд? Мехо-стам дар ин сўњбат беш-тар дар бораи њаёти

шахсиатон бигўед.-Њаёти ман аз њаёти ди-

гар бонувони тољик фарќе надорад, ба истиснои он ки сарояндаам. Хушбах-там, ки соњиби хонаи обод, шавњари мењрубон ва фар-зандони зебоякам. Хушбах-там, ки мардум маро њамчун њунарманд ќабул карданд ва мухлисони зиёд дорам.

-Бисёр мардњо намехоњанд њамсарашон њамеша гули сари сабади љомеа бошанд. Шумо чї гуна дили шавњаратонро ёфта, ризоияташро ба-рои ба сањна баромадан гирифтед?

-Мардњо табиатан ба-драшканд ва шавњари ман низ истисно нест, вале ишќу муњаббат њаќиќию самимї бошад, мард ба бонуяш бо-вар мекунад. Азбаски ягон бор ба шавњарам имкони гумони бад бурдан надода-ам, бовариаш ба ман зиёд аст, аз њамин хотир иљозат

дорам, ки дар сањна њунарнамої кунам.

-Шумо њамеша назар-рабоед. Ба гумонам њар

рўз чанд соат назди оина нишаста барои зебоии зоњириатон зањмати би-сёр мекашед?

-Не, чандон зањмати зиёд намекашам. Худованд ху-даш бароям њусни кирої ато карда, маро аз зарура-ти соатњо назди оина ниша-стан халос кардааст. (ме-хандад)

-Бунафшахон, агар бо њукми Парвардигор зиндагї бори дигар шу-моро даст медод, њаётатонро чї гуна ме-гузарондед?

-Умрамро сарфи сайри олам менамудам.

-Бизнесмен мешудед?-Не, умуман дар бораи

боигарї фикр намекардам ва барои љамъ кардани сар-ват њатто кўшиш намекар-дам. Сарват баќо надорад. Аз одам номи нек мемонаду дидањояш.

-Аљиб, журналистикаро омўхта сароянда шу-дед…?

-Аз афташ хости Парвар-дигор чунин будааст. Дар зиндагї мо бе ризоияти Ху-дованд як нафас њам гириф-та наметавонем. Журналист шудан орзуи кўдакиам буд, вале имкон наёфтам, ки ба муроди дил бирасам. Ваќте ки ба шавњар баромадам, шавњарам маслињат дод, ки орзуњоямро дар дилам накушам. Бо рањнамоии ў думболи касби дилхоњамро гирифта ба донишгоњ њуљљат супурдаму донишљў шудам, аммо таќдир маро ба љодаи њунар бурд.

-Пушаймон нестед, ки журналист нашудед?

-Не, пушаймон нестам. Худованд, ки обу гили моро сириштааст, бењтар медо-над, ки њар як инсонро ба-рои кадом кор офаридааст. Дар санъат ман худамро ёфтам.

-Ин тавр бошад, чаро дар сањна камнамоед?

-Шукри Худованди мењрубон, ду сол боз рўйи сањна набошам њам, мух-лисон маро фаромўш на-кардаанд. Занг мезанад, суроѓам мекунанд.

-Њунармандон њам бо њамдигар дўст мешаванд ё раќобат барои дўстї љо намегузорад?

-Мо њам инсонем, пас чаро сояи њамдигарро аз девор тарошем?! Шабна-ми Собирї ва Асалбону Бўриева аз љумлаи дўстони самимии ман њастанд ва њамеша дастгириам мена-моянд.

-Мабодо мухлисони њунаратон ба хонаатон мењмонї раванд, ќабул мекунед?

-Албатта! Бо љону дил ќабул мекунам! Дари хонам

ва дари дилам барои мух-лисони њунарам њамеша боз аст. Аслан ман зани мењмондўстам, як рўз бе мењмон монам, хаставу дилгир мешавам. Шумо њам биёед, љоятон болои дидаам.

-Аз мухлисон тўњфаи гаронбањо гирифтаед?

-Барои њунарманд тўњфаи гаронбањотарин ин мењру садоќату пазироии гарми мухлисон ва гул-дастаи тару тоза аст, ки њамеша таќдимам месо-занд. Аз ќадршиносиашон шодам.

-Бунафшаро чї ба њаяљон меорад?

-Ќарсаки пурмављи мух-лисон. Ваќте ба ягон маъ-рака мераваму њис мекунам, ки мардум аз сидќи дил кафкўбї мекунанд, ба ваљд меоям ва кўшиш мекунам, ки сазовори муњаббати гар-машон суруд хонам. Пази-роии гарми мухлисон маро илњом мебахшад ва бо љону дил хизмат мекунам.

-Аз њама писандидата-рин њарф барои Бунаф-ша?

-Сухани писандидаи ман Худо хоњад, њамааш хуб ме-шавад аст.

-Барои мутолиаи номањои зиёди интернетї ваќт меёбед?

-Росташро гўям, чандест, ки наметавонам ба сайтам ворид шавам. Шавњарам паролро иваз кардааст, би-нобар ин, наметавонам ба саволњои мухлисонам љавоб нависам.

-Кадом рафтори номаќбули занњои тољик дили шуморо ба дард ме-орад?

-Бо мардони хориљи ошиќї кардану муваќќатан занашон шудани духтарњои тољик ѓазабамро меорад. Магар мардњои тољик мур-даанд, ки духтарњои мо бо бегонањо ошної мекунанд?!

-Бале, ин масъала танњо шуморо ба андеша водор намесозад! Хуб, дар интињо чї таманниё-те доред барои хонанда-гон?

-Орзу дорам, ки њар як бонуи тољик ба ояндаи худ боварї дошта бошад ва пеш аз њама ба ќадри худаш бирасад!

-Мо њам бо њамин орзу дасти дуо мебардорем!

Сўњбатнигор:Рустам АЗИМОВ

БУНАФША РАЉАБОВА№14 (738) 09.04.2014 №14 (738) 09.04.2014 №14 (738) 09.04.2014 44

БИЗНЕСМЕН ШУД?

ДОНИШЉЎЁНИ МАКОТИБИ БЕЊТАРИНИ ОЛЇ ДАР «МЕГАФОРУМ» ЉАМЪ МЕОЯНД

Санаи 16 апрел дар майдони Донишгоњи миллии Тољикистон чорабинии анъанавие гузарони-да мешавад, ки аз љониби шир-кати «МегаФон» ва Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон ташкил карда шудааст.

Дар доираи «МегаФорум»-и чорум ба донишљўён вази-фа дода мешавад, ки як ќатор опсияњои нархномавї барои интернети мобилї ва барномаи пешбарии онњоро дар бозори телекоммуникатсионї ташкил намоянд. Дар озмун дастањо аз 5 мактаби олии бузургта-рини љумњурї: Донишгоњи миллии Тољикистон, Донишгоњи Техникии Тољикистон ба номи академик М.С.Осимї, Донишгоњи Славянии Россияву Тољикистон, Донишкадаи тиљорати Тољикистон ва Донишкадаи Соњибкорї ва хизмат ширкат меварзанд. Корњои иљрошуда аз рўйи чунин меъёрњои бањогузорї карда мешаванд: идеяњои креативї, дастрасии опсия ба муштариён, шабакањои пешбарии мањсулот, пешгўйии самаранокии опсияи нархномавї (љадвал), баромади даста, мањорати суханварии шахси баромадкунанда, омодакунии муаррифї. Ба њайати њакамон намояндагони Вазорати маорифи љумњуриявї, ширкати «МегаФон», инчунин мутахассисони пешбари соњаи маркетинг дохил хоњанд шуд.

Page 5: Шумораи 14

№14 (738) 09.04.2014 5ЌИССАЊОИ ЗИНДАГЇ

(Давомаш. Аввалаш дар шуморањои гузашта)

Субњ нав аз хоб хеста будем, ки садои доду фиѓон ба гўшамон расид. Њамсояњо њангомакунон мегуфтанд: «Дар дења одамкуш пайдо шудааст! Усто Шарифро духтараш бо табар зада кушта-асту гурехта рафтааст. Духтар ќотили падар! Аљаб замоне шуд! Ин духтарро дастгир намуда, сангсор кардан лозим…

Ин гапро шунида ќариб дево-на шудам. Фањмидам, ки моинда-ри золимам падарамро бо табар реза-реза карда, гуноњашро ба гардани ман бор намуда, маро ба падаркушї муттањам карда-нист. Тамоми ќувватамро љамъ карда аз мўйсафеду занаш хоњиш намудам, ки маро ба хо-наамон баранд, то бори охир бо падарам видоъ кунам. Пиру кам-пир аз китфонам дошта маро ба хонаамон оварданд. Њамсояњо рўяшонро аз ман мепўшиданд. Ин одамони аз таги гап бехабар «ќотил омад, ќотили падаркуш омад» гўён ба захмњои хуншо-ри дилам намак мепошиданд. Рўйканону мўйканон ба хона да-ромадам ва худро болои љасади падар партофтам. «Отаљони бе аљал мурдаам» гуфта, гирёну но-лон љасади ѓарќи хунро ба оѓўш гирифтам. Чашмам ба рўйи па-дарам афтиду фиѓонам ба фа-лак дакка хўрд. Падарамро ин зани беимон ончунон берањмона кушта буд, ки бо дидани сару рўйи маљаќшудааш аз тарс хун дар рагњои кас ях мебаст. Бо та-моми овоз фарёди љонкоњ каши-да гуфтам: -Падарамро моинда-ри беимонам куштааст, мардум! Он аљузаро ба ман нишон дињед, сари њаромашро бо њамон таба-ре, ки падарамро куштааст, аз танаш људо мекунам!

Њамсояњо њарчанд маро ме-доштанд, зўрашон намерасид, аз шиддати ќањру ѓазабу алам мисли шерри жаён пурќувват шуда будам ва мехостам он аж-дари хунхор-моиндарамро ёфта пора-пора кунам. Симои ман-фурашро дар байни издињом мељустам, вале он касофат њељ ба чашмам наменамуд. Нињоят пас аз љустуљўйњои зиёд ёфта-маш, моиндари маккораам ба сараш рўймоли калони мотами-еро андохта, мисли актриссаи бомањорат ончунон дар сўги шавњараш нола дошт, ки дили санг њам аз гиряњояш об мешуд. Ба мисли модашер бо як њамла худро ба ў расондам ва аз банди мўйњояш дошта, амсоли чован-дози моњире, ки сайдашро аз даст

д о -дан намехоњад, рў рўи хона ка-шолакунон ўро ба берун баро-вардам ва то дилам хунук шудан лагадкўбаш кардам. Моиндарам-ро лагадкўб карда фарёд меза-дам:

-Падарлаънати фоњиша, па-дарамро ту куштї! Хаёл мекунї, ки мўйсафедро кушта бе љазо мемонї? Хобатро ба об гўй, лаънатї, пўстатро зинда ба зин-да аз танат мекунам! Худозада, падарамро куштию боз маро ба падаркушї бадном кардї? Ман мисли ту фосиќ нестам, ки ќасди љони инсон, ќасди љони падар на-моям! Канї тез аз љоят бархезу дар назди мардум гуноњатро ба гардан бигир! Магар ту набудї, ки ба падарам майнаи сари хар хўрондї?! Љодугари лаънатї, магар ту набудї, ки бо мода-рат наќшаи куштани мўйсафеди падарамро мекашидї?! Тезтар бархезу дар назди мардум ро-сти гапро гўй! Бархез фоњиша, бархезу ба њамсоњо гўй, ки па-дарамро чї хел куштї! Аз Худо наметарсї, ки гуноњи хунинатро ба гардани мани бегуноњ бор кардан мехоњї?! Бархез гуфтам, бархез….

Сару рўйи моиндарам ѓарќоби хун гашта бошад њам њељ гуноњашро ба гардан наме-гирифт. Ин зани маккора чун дид, ки ман ўро рањо карданї нестам, шаттоњона фарёд зад:

-Аз одамкуш халосам кунед, мардум! Ин саѓера оташа кушт, акнун мана мекушад! Ба Худо ќасам мехўрам, ки худаш дада-ша кушт. Мўйсафеда ман на-куштаам, ин саѓера мана тўњмат мекунад…

Моиндарам ончунон ќасамњои сахт мехўрд, ки мар-дум ба гапаш бовар карда, маро њаќораткунон ўро аз чанголам халос карданд. Моиндарам чун дид, ки љон ба саломат бурд, ан-гушти ишоратиашро намоишко-рона ба ман нишон дода, тањдид кард:

-Илоњо ба лаънати худо ги-рифтор шавї, ќанчиќи тўњматчї! Њоло ист, чунон мекунам, ки шири аз очаи касофатат хўрдагият аз почаки биниат мебиёяд. Ќасам ба номи худо, ман то ту саѓерая дар кунљи зиндон љо накунам, ором намешавам!

Ѓазабам боло гирифту боз ба моиндарам њуљум карда, мисли тўб дар байни издињом футбо-лаш намудам. Ќотили падарамро ин дафъа ончунон сахт задам, ки дар як дам аз дањону биниаш хун фаввора зада шорид. Мољарои мо аз афташ то раиси мањалла расид, ки ногоњ дар болои сара-мон пайдо шуд ва чанг зада, мо-

инда-рамро аз зери шаттаи ман каши-да гирифту бонг зад:

-Бас кунед! Шарм намедоред, ки мурдаро дар кунљи хона мон-да, њарду ќиёматро ќоим карда истодаед!

Сарамро дошта ба хона даромадам ва боз худро рўйи љасади дар хун оѓўштаи пада-рам партофта зор-зор гиря кар-дам. Лањзае пас мардњо ба хона даромаданд ва маро зўран аз љасади падарам дур карда, мур-даро рўйи тобут хобонданду сари китф бардошта аз дарвоза бароварданд.

-Падарамро набаред! Падарљонамро набаред, мар-дум, монед, ки рўяшро ба серї бубинам,-нолакунон аз паси то-бут давида зорї мекардам, ки

боз андаки дигар сабр кунанд, вале касе ба гапам гўш намедод. Тобути ѓарќи хуни падарам мис-ли аспи афсонавии болдоре буд, ки парвозкунон меравад. Дигар мадори аз паси тобут давиданам намонд ва дар рўйи роњ афтида, сарамро ба замин зада, то холї шудани дилам гиристам.

Љое равам, ки гардун болои сар набошадАзм намудам, ки аз дења ба-

ромада меравам, чунки дигар рўйи моиндарамро дидан наме-хостам. Алами марги падар аз як сў, ѓами тўњмати моиндарам, ки маро фоњиша эълон карда буд, аз љониби дигар маро ончунон дилшикастаю афгор карда буд, ки дигар њатто зистан намехо-стам. Моиндари љаллоди худо-нотарсам овоз карда буд, ки гўё фоњишагї кардааму падарам аз њамин сабаб маро љанг карда-аст ва дар сари ќањру ѓазаб ман дар пеши назари моиндарам падарамро бо табар зада куш-таам. Пас аз чунин тўњматњои таќдирсўз дигар дар ин дења мон-

данам маънї надошт, зеро касе ба бегуноњиам бовар намекард. Мехостам љое равам, ки гардун болои сар набошад ва дигар њељ гоњ рўйи касифи моиндарамро набинам. Мехостам ба хона раф-та њуљљат ва аќаллан ягон либо-самро гирифта баъд баромада равам, вале ин ба ман муяссар нагашт.

Даст дар занљирДар назди дарвоза милисањо

маро интизор буданд. Аз дар даромадан замон «Озода Шари-фовна шумоед?» гуфта ба дасто-нам завлона заданд ва кашола-кунон маро ба мошин бор карда ба милисахона бурданд. Моин-дарамро дар даромадгоњи дари милисахона дида фањмидам, ки ин њам найранги навбатии њамин фоњиша аст. Косаи сабрам ла-брез гашту фиѓон кашидам:

-Падарамро куштанат бас на-буд, ки боз ба сарам бало овардї, бењаё?! Маро аз милисањои кавалерат натарсон фоњиша, фаромўш накун, ки то ќасдамро нагирам, намемонам! Хунбањои падарамро аз ту касофат наси-тонам, духтари падарам нестам ва номам Озода не!

Моиндарамро боз чанд даш-номи болохонадор додам ва ба рўяш туф карда гузаштам.

-Иншооллоњ, дар зиндон пўсида меравї, духтарљонакам,-

зањрханда кард моиндарам ва рўяшро поккунон бо виќор гузаш-та рафт.

Маро назди сардор даровар-данд. Аз ќошу ќавоќаш барфу борон мерехт. – Ман чї гуноњ кардаам, ки бе далел маро ин љо овардед,-гўён ба њуљум гузаштам.

-Ту худат наѓз медонї, ки чї гуноњ кардаї! Магар падаратро ту накуштї?! Магар ба пушти са-раш табар назадї?! Гумон кардї, ки дунё бесоњиб аст, одам меку-шию бе љазо мемонї?! Ин хобата ба об гўй, барои њар як кирдорат љавоб мегўї,-пўписа кард сардор.

Гиря кардам, зорї намудам, ќасам хўрдам, ки падарамро ман не, моиндарам куштааст, вале ба гапам бовар накарданд. Ваќте ки маро бо дастони завлоназада аз утоќ мебароварданд, сардор таъкид кард:

-Адвокат ёб, то бегуноњиятро исбот кунад, вагарна дар кунљи зиндон пўсида меравї, духтарак!

Аз шунидани ин сухан банди дилам ларзид.

Гунањкори бегуноњЯгона такягоњу ѓамхорї мани

бегуноњ пиру кампир буданд ва бо пули нафаќаашон адвокат гирифта, хостанд бегуноњ буда-ни маро исбот намоянд, вале аз дасти адвокат њам коре наомад. Суд маро ба мўњлати 17 сол аз озодї мањрум гардонд. Аз чу-нин њукми сахт гирифтан не, аз он ѓамгин шудам, ки моиндари фоњишаам бо тўњмат номи бади падаркушро расман ба гарданам бор кард ва акнун ин доѓи сиёњро то охири умрам дигар шустаю пок карда наметавонам. Аз дили сўхтаам фиѓон кашидам: -Не-ееее, ин тўњмат аст, ман пада-рамро накуштаам!!! Моиндарам падарамро кушт! Бовар накунед, як бор телефонашро гирифта ба смс-њояш назар андозед, худа-тон мебинед, ки наќшаи куштор-ро бо кињо кашида буд ин аждањо! Њамсояњо, шумо њам фарзанд до-ред, магар виљдонатон шуморо азоб намедињад, ки бо шоњидии дурўѓинатон маро гунањкор баро-вардед?! Ману падарам ба шумо чї бадї карда будем, ки имрўз ќасд мегиред?! Даруни дилам пур аз хун аст, марги фољиавии падарамро аќаллан чил рўз на-шудааст, чаро болои захми хуншорам намак пошида маро бегуноњ зиндон мекунед?!

-Баред ўро, доду вояш ба љонам зад! Њукми суд баромад, дигар њољати ба сафсаттањои ин ќотил гўш андохтан нест,-амр кард раис ва ду милиса кашо-лакунон маро аз толор баровар-данд. Рањорањ чанд маротиба дасту по зада кўшиши рањої ёфтан кардам, вале ин ба ман муяссар нагашт. Нињоят шояд ин кашмакаш ба дили милисањо зад, ки якеашон ба сарам муште кўфт. Чашмонам сиёњї заданд ва пеши чашмонамро дар як лањза пар-даи торике печонда гирифту олам гўристон гашт.

Дар зиндонВаќте ки чашмонамро кушо-

дам, аллакай дар зиндон будам ва як гурўњ занону духтарони мањбус дар атрофам чарх меза-данд. Чашмонамро кушоданам-ро дида яке аз онњо, ки бисёр бадхашм менамуд, амр кард:

-Бархезу бо мо шинос шав! Ту бо њукми одамкўшї ба ин љо афтидаї?!

-Ман одамкуш нестам! Маро бо тўњмат зиндонї карданд. Дер ё зуд бегуноњиям исбот меша-ваду аз ин љо мебароям,-гуфта ќасам хўрдам, ки ягон љиноят со-дир накардаам.

Садои ќањќањаи занњо баланд шуда дар дилам оташи тарсро аланга дод.

-Ин духтар бисёр баѓайрат метобад, ўро наздиктар биёред,-амр кард боз њамон зани бад-хашм.

Ду духтар ба ман наздик шуданд, то аз китфонам дошта маро ба сардорашон наздиктар баранд. Бонг задам, ки ба ман кордор нашавед.

-О ин гургбача барин-ку! Як бори дигар мањмадоногї кунад, метавонед забонашро аз њалќаш канда гиред...

(Давом дорад)Р.Азимї

Моиндарамро дар даромадгоњи дари милисахона

дида фањмидам, ки ин њам найранги навбатии њамин фоњиша аст. Косаи сабрам лабрез гашту фиѓон кашидам:-Падарамро куштанат бас набуд, ки боз ба сарам бало овардї, бењаё?! Маро аз милисањои кавалерат натарсон фоњиша,

фаромўш накун, ки то ќасдамро нагирам, намемонам! Хунбањои падарамро аз ту касофат наситонам, духтари падарам

нестам ва номам Озода не!

МОИНДАРИ БАДТАР АЗ МОР

Page 6: Шумораи 14

№14 (738) 09.04.2014 6 НАВИШТАМ НОМАЕ

БАЊОР МАСТАТ КАРД,

ДУХТАР?

Шикоятномаи мо сангро бар гиря меорад,

Ту моил бар гиристан шав, сипас мактуби мо бикшо!

Шоњина! Аз худат фаришта тарошида бо касе намегардам мегуфтї, мана

ёри нав ёфтї ку! Шояд айби бањор бошад. Магар бањор мастат кард, ки Али-

шерро дўст доштї? Дар наздат аз ишќу ошиќї гап зада намешуд, ягон кас аз

ишќ сухан мегуфт, синфхонаро ба сарат мебардоштї, куљо шуд покдомонию

фариштахисолиат?! Афсўс, надонистам, ки мисли карам чандин пўстро ба рўят

кашидаї ва ботинат аз зоњират фарќи калон дорад. Ё ишќварзињои Сомону Но-

занинро дида, њавасат омаду њушат кашоли љавоне гашт?! Дигар ба умеди ман

нашав! Бо њамон ошиќи уродат ишќбозињоятро давом дода гаштан гир, бењаёи

маккор! Сад њайфи ишќу дўстдорињои сесолаам. Дониста бош, ки ту њељ гоњ хуш-

бахт намешавї! Оњи пурдарди дилам туро ба чунон гирдоби ѓам меафканад,

ки умре рањої намеёбї, Шоњина! Рањими Испечакї

Пешнињодњои худро тавассути телефони 238-53-35 ва почтаи электронии [email protected] ирсол намоед.Масъули сањифа Рустам Азимї

бахт намешавї! Оњи пурдарди дилам туро ба чунон гирдоби ѓам меафканад,

ки умре рањої намеёбї, Шоњина!

БЕГУНОЊИЯМРО ЧЇ ХЕЛ ИСБОТ НАМОЯМ?

Зодаи ноњияи Ёвонам. Зиндагии камбаѓалона, ки до-штем, ночор ба кор баромадам, то андаке бошад њам, ба падарам дар аробаи вазнини рўзгор кўмак расонам. Дар як тарабхонаи машњур кор мекардам. Тозакориамро дида раис маоши баландам медод. Падарам ба кор карданам зид набуд, вале њодисаи тасодуфие обрўямро дар назди ањли оилаамон резонд. Шабе кадом як сарватманд дар тарабхо-наи мо зодрўзашро љашн гирифт. Сарвари тарабхона хоњиш кард, ки то рафтани мењмонњо бимонем ва ваъда дод, ки баъди гусел карданашон худаш моро ба хонањоямон бурда вазъиятро ба волидонамон мефањмонад. Гумон доштам, ки мењмонњои серпул барваќт љашнро гузаронда мераванд, вале хаёлам хом баромад.

Мардони шикамдор то як поси шаб шароб нўшида, та-рабхонаро бо раќсу бозию ханда ба сар мебардоштанд. Мусиќї монда мераќсиданд ва хаёли ба хонањояшон раф-тан надоштанд. Мо, пешхизматњо мисли заргўшакони тарсў косаву табаќњои холишударо ба ошхона кашонда худоро зорї мекардем, ки тезтар ин пулмастњо аз тарабхона ра-ванд. Њангоми табаќчањои холишударо ба ошхона бурдан ногоњ марди шикамкалони галстукдоре пеши роњамро ги-рифта, маро ба раќс таклиф намуд. Узр хоста ўро нав аз сари роњам дур кардан хостам, вале он беимон маро зўран ба оѓўш кашиданї шуд. Бадбахтона њамин дам падару ба-родаронам аз дари тарабхона даромаданд ва ин манзараро дида хун ба сарашон зад. Бародаронам он пулмасти шикам-калонро лагадкўб карданду падарам маро чунон зад, ки аз дањону биниам хун фаввора зада шорид. Пайвандонам аз кокулонам кашолакунон маро зада-зада ба хона оварданд. Алами бегуноњ шатта хўрданам аз як тарафу суханњои нешдори падарам, ки њар рўз «духатр не, фоњиша калон карда будаем-да» гуфта, таъна мезанад, аз тарафи ди-гар љигархунам месозад. Илтимос, ба ман маслињат дињед, бегуноњ буданамро чї хел исбот кунам?

Нигора, аз н. Ёвон

ЉИЛОИ ЗАР ЧАШМИ

ДУХТАРАМРО КЎР КАРДААСТ

Рўзе дар даромадгоњи беморхона чашмам ба зане афтод, ки миёнаш хамида буду базўр роњ мегашт. Аз модар, ки бенасиб будам, дарњол ба им-

додаш давидам ва аз дасташ дошта ба долон баровардам. Кампир оњи сабуке кашида дуои сафедам дод. Њисси кунљкобиям боло гирифту пурсидам, ки чаро

ин ќадар озурда менамояд. «Эњ бачам, бењтараш ту напурсу ман нагўям» гуфту оби чашмаш мисли борони бањорї аз шаршараи дидагони пурожангаш љорї гашт. Модар хеле гириста дилашро холї карду сипас сарнавишти талхашро чунин ќисса намуд. Ман модарам, модари 4 фарзанд. 3 писару 1 духтар дорам. Ќарзи модариямро баљо оварда, њар чорашонро бо обрў хонадор кардам. Барои фарзандонам хона сохта додам. Гумон доштам, ки акнун дар сояи љигарбандонам давлати пирї меронам, вале афсўс… писараму келинњо ба дарам намеоянд, наберањоям њам бибї доштанашонро кайњо фаромўш кардаанд. Ба љуз як писари калониям дигар касе намепурсад, ки модар чи њол дорї! Асири зан гашта, модарашонро фаромўш кардаанд бачањоям. Бемораму шабњоро бо оњу нола сањар мекунам, вале касе аз њолам намепурсад. Писарњо ку дар доми занњояшон, аламовараш он аст, ки духтарам њам маро ба ёд намеорад. Пулдор аст духтарам, давлату савлаташ ба ќавли мўйсафедон пеши роњи дарёро мегирад, вале… Назараш модари пиру афгорашро намегирад. Љилои зару зевар чашмо-

нашро хира кардааст, ягон бор аз дарам даромада намепуросад, ки оча чї њол дорї, мурдаї ё зинда!

Дилам ба ин модари зор сўхту ўро баоѓўш гирифта гуфтам: «Аз ин пас маро ба љойи духтаратон донед!» Кампир аз шодї гиря кард.

Вой бар њоли фарзандоне, ки ба ќадри падару модар наме-расанд! Хонандагони азиз, ба ќадри волидонатон дар зин-

дагиашон бирасед, вагарна фардо дер хоњад шуд!

Хонандаи «Оила»

АММАИ ТЎЊМАТЧИЯМБА МАЌСАДАШ РАСИДЯтимдухтарам. Дар зиндагї ба љуз дарду азоб ва ранљу хорї дигар чизе надидам. Саѓера рўзи хуш намебинад гуфтани калонсолон бењуда нест, мани ятим њељ аз њаёт наосудам, ки наосудам. Љавоне аз пасам њамеша мисли Маљнун кашола шуда мегашт. Дар гаппаронї усто буд, чунон суханњои ши-рине мегуфт, ки духтар он тараф истад, дили санг њам обу адо шуда мерафт. Њарчанд кўшиш мекардам, ки ба гапњояш ањамият надињам, намешуд, вай боз аз сари роњам мебаромаду ќасам рўйи ќасам мехўрд, ки дўстам медорад ва бе ман зиста наметавонад. Ростї, чи хел ишќашро ќабул кардам, худам њам намедонам. Хулоса, Лайлию Маљнун шуда мондему ин овоза ба гўши аммаам расид. Аммаам ки духтари худашро ба њамон љавон додан мехост, аз рашку алам оташ гирифта, муќобили муњаббати мо баромад. Њамеша тањдидкунон мегуфт, ки то вай зинда аст, намемонад, ки ман ба он бача ра-сам. Азбаски дилам аз ошиќам пур буд, ба гапњои аммаам ањамият надода дар дил орзуњои ширини ошиќона мепарвардам. Хаёлан худамро дар хонаи дўстдоштаам бо тољи арўсї тасаввур карда, курта-курта гўшт мегирифтам ва лабонам беихтиёр моили табассум мегаштанд. Хушбахти љањон будам аз ишќ, бехабар аз он, ки тундбоди ѓазаби аммаам тамоми орзуњоямро дар як лањза решакан хоњад кард.

Аммаам чун дид, ки бо тањдиду зўрї намешавад, роњи дигарро пеш гирифт ва назди модари љавон рафта, номи маро доѓдор намуд. Аламова-раш он аст, ки амаам, риштаи љонам ба модари дўстдоштаам гуфтааст, ки ман як духтари бероњаам. Билохира аммааи беандешаам бо тўњмат моро аз њамдигар људо кард, вале ба маќсадаш нарасид. Дўстдоштаам аз ман људо шуда, духтари аммаамро не, балки як бонуи дигарро ба занї гирифт. Ошиќам маро тарк карду орзуву ормонњоям ба хоки сиёњ яксон шуданд. Гиря ягона роздонам гаштааст. Њамеша шабу рўз оби дида мерезам ва дар рўйи љонамоз даст сўйи осмон бардошта аз худованд илтиљо мекунам, ки љазои аммаи тўњматчии бахтсўзамро дињад!

ЗАРИНА, аз н. РАШТ

Дарди дилатонро метавонед бо телефони зерин иброз доред:

238-53-35

Page 7: Шумораи 14

№14 (738) 09.04.2014 7

Пешнињодњои худро тавассути телефони 238-53-35 ва почтаи электронии [email protected] ирсол намоед.Масъули сањифа Гулнисои Њикматулло

САВР (21 апрел - 22 май)

Ин њафта намояндагони ин бурљ маљбур мешаванд, ки барои

исбот намудани бегуноњии худ аз чањорчўбаи ќонун бароянд.

Сешанбе дар коргоњатон эњтиёткор бошед, зеро душманонатон мехоњанд коре карда шумо-ро аз кор шармандавор пеш кунанд.

Нимаи дуюми њафта таклифи хуби корї пеш меояд. Њамаи пањлўњояшро санљида, баъдан ба он кор гузаред.

Панљшанбе даромади ногањонї хурсанда-тон хоњад кард. Агар каллаатонро кор фар-

моед, маблаѓатонро бо воситаи тиљорат дањчанд гардонида метавонед. Охири

њафта истироњатро авлотар донеду ху-дро ќурбони корњои зиёд накунед.

САВРСАВР

бурљ маљбур мешаванд, ки барои исбот намудани бегуноњии худ аз чањорчўбаи

Њут (21 феврал - 20 март)

Њафтаи нав бо хабарњои хушу гу-ворояш табъатонро болида мегардонад. Сешанбе агар танбалї накунед, даро-мади хуберо соњиб мешавед. Чоршанбе

барои дар амал татбиќ гардидани лоињањое, ки кайњо тарњрезї намуда будед, мавриди мувофиќ хоњад буд. Панљшанбе бо роњбаратон хархаша ва бањс накунед, вагарна аз кор хориљ мешавед. Љумъа шиносоии хубе имкони оѓози тиљоратро медињад, кўшиш кунед тамоми пањлуњояшро фа-рогир шаведу имкониятро аз даст надињед. Шан-бе ба њолате рўбарў мешавед, ки боиси пеш омадани душворињо мегардад. Кўшед, сари ваќт чигили ин муаммои сарбастаро кушоед, вагарна сару садоњои бемаънї метавонанд ояндаатонро тира созанд.

Њафтаи нав ситорањо оромиро тавсия медињанд. Аз мушкилињои тўли њафта рух медода озурда на-

гардеду асабњоятонро хароб накунед. Сешанбе гирифтани вазифаи нав дар назар аст. Бидуни ин њам ба касалии ситорамания гирифтор шуданатон эњтимолият дорад. Хок-сор бошед, зеро сифати хуби инсоният ин аст.

Нимаи њафта аз дўстдоштаатон тўњфаи хур-дакаки гаронбањоеро интизор бошед. Аммо ба њељ ваљњ тўњфаро саросемавор ќабул накарда, аввал хуб фикр кунеду ба ќароре оед. Шояд гирифтани ин тўњфа дари бахтро ба рўятон мекушояд ва мањз бо њамин њаётатон куллан таѓйир меёбад.

ДАЛВ (21 январ - 20 феврал)

Ин њафта сабурї имкони ёфтани забон бо њамкорону дўстонро фаро меорад. Оромиро дар њар њолат риоя кунед, њатто дар душвортарин лањзањо њам.

Дар коргоњ бошад, худро чандон ўњдабаро натарошед, зеро корњое њастанд, ки душворњал буда, на онќадар аз ўњдаи хуб иљро намуданашон мебароед. Нимаи дуюми њафта проблемањои кўњнашударо нав мекунад. Аз ин рў миёнатонро мањкамтар баста ва аз душворињо нањаросида, љиддї кўшед, то њаллашонро ёбед.

Панљшанбе баландравї дар вазифа дар на-зар аст. Вале њолати молиявиятон чандон хуб нест. Бинобар ин, дар љустуљўи манбаъњои даро-мад шавед, вагарна бепулї њолати рўњиятонро коњиш хоњад дод.

Ин њафта сабурї имкони ёфтани забон бо њамкорону дўстонро фаро меорад. Оромиро дар њар њолат риоя

МИЗОН (24 сентябр - 23 октябр)

Ин њафта шуморо мушкилињои њалталаб пеш меояд. Барои бори гарон-

ро аз дўшатон сабук кардан, њарчи зудтар аз паси њаллашон шавед.

Сешанбе воќеае рух медињад, ки назари шуморо ба зиндагї дигаргун мекунад.

Нимаи њафта ошиќатон аз ќањру алам ба шумо суханњои носазо мегўяд. Ин њолат шумо-ро ба фаромўшхотирї ва беморї оварда ме-расонад. Худро ба даст гирифта бисёр ѓусса нахўред. Умед бар он бандед, ки ошиќатон хатогияшро фањмида аз шумо бахшиш мепур-саду бањри обод намудани ояндаатон фикр мекунад. Охири њафта даромади калоне боиси хурсандии шумо хоњад шуд.

бурљ маљбур мешаванд, ки барои исбот намудани бегуноњии худ аз чањорчўбаи

Сешанбе дар коргоњатон эњтиёткор бошед,

МИЗОНМИЗОН

њалталаб пеш меояд. Барои бори гарон-ро аз дўшатон сабук кардан, њарчи зудтар

аз паси њаллашон шавед.

ЌАВС (23 ноябр - 21 декабр)

Аз худатон вобаста. Агар кўшиш ку-нед, мењнатњоятон ќадрдонї меша-ванд, идеяњоятон аз тарафи роњбарият дастгирї ва сарпарастї хоњанд шуд.

Атрофиён њамчун шахси таљрибадору бообрўй аз маслињатњои шумо мисли роњнамо истифода мебаранд. Хуб мешуд агар боз њам кўшиш кунеду фикрњои тозаеро дар амал татбиќ намоед.

Чоршанбе дар оилаатон каме нофањмї бои-си љангу љанљоли бемаънї хоњад шуд, аз ин рў худро идора карда ба њассосият дода нашавед, то сабукфикрињо оилаатонро пароканда накунад.

Охири њафта мушкилоти пулї пеш меояд. Гарданшахї накунеду бо кўмаки дўстон худро аз

ин њолат берун оред.

Аз худатон вобаста. Агар кўшиш ку-нед, мењнатњоятон ќадрдонї меша-ванд, идеяњоятон аз тарафи роњбарият

АЌРАБ (24 октябр - 22-ноябр)

Масъули сањифа Гулнисои

тон хоњад кард. Агар каллаатонро кор фар-моед, маблаѓатонро бо воситаи тиљорат

дањчанд гардонида метавонед. Охири њафта истироњатро авлотар донеду ху-

дро ќурбони корњои зиёд накунед.

СУНБУЛА (24 август - 23 сентябр)

Ин њафта сумбулањо мехоњанд ќобилияту кордонии худро нишон дињанд, вале дар љои таърифу тавсиф гапњои нолоиќ мешунаванд. Озурда нашавед, њамааш мегузарад.

Сешанбе саёњати аљибе интизори шумост. Шиносоињои аљиб ва вохўрдан бо шоњзодаи орзуњоятон аз эњтимол дур нест. Чоршанбею панљшанбе дар коргоњ њушатонро бар са-ратон гиред, вагарна гум шудани њуљљатњои муњим сабаби аз кор хориљ шуданатон ме-шавад.

Рўзњои истироњат ба дидорби-нии дўстонатон раведу мушкилињои инњафтаинаро фаромўш намоед.

ТОЛЕЪНОМА

ЉАДДЇ (22 декабр - 20 январ)

Ин њафта њассосу зудранљ меша-вед, худро идора карданро омўзед.Сешанбе ќадамњои устуворонае боиси

бартараф намудани мушкилињо мегарданд.Нимаи дуюми њафта худро аз атрофиён дур

мегиред, бо касе сухан гуфтан намехоњед, ин раф-торатон начандон хуб аст. Муносибатро бо онњо дурусттару зичтар гардонед.

Дар коргоњ корњои нобасамон зиёданд. Агар онњоро ба зудї анљом надињед, њафтаи дигар корњои замшудаи зиёд пеши роњатонро банд ме-кунад.

Охири њафта ошиќи ранљида боз сўи лонаи шумо роњ пеш мегирад. Шояд акнун бепарвоиро як тараф мегузораду фикри ояндаро мекунад.

ин њолат берун оред.

вед, худро идора карданро омўзед.Сешанбе ќадамњои устуворонае боиси

ЊАМАЛ(21 март - 20 апрел)

Њамалњо ин њафта дар маркази диќќат ќарор доранд. Душанбе њис ме-кунед, ки шиддати ќувват дар ронњоятон фаввора мезанад, аз ин рў ба саратон омадани идеяњои аљиб аз эњтимол дур нест.

Сешанбе рўзи бобарор барои оѓози њар гуна кор ва шиносоињо ба шумор меравад.

Рўзи љумъа бењтараш вохўрињои ко-риро ба рўзи дигар гузоред, вагарна њолат бар зарари шумо ранг мегирад. Рўзи шанбею якшанбе мушкилињое, ки тайи чанд ваќт шуморо азият медодан-ду њалашон душвор буд, бомуввафаќият анљом меёбанд.

(21 март - 20 апрел)(21 март - 20 апрел)

Њамалњо ин њафта дар маркази

ЉАВЗО (23 май - 21 июн)

Ин њафта љавзоњоро сабурї, эњтиёткорї ва эътимод ба худ лозим

аст. Барои иваз намудани љои зисту истиќомат айёми мусоид даррасида, эњтимоли пайдо намудани дўстони нав дар назар аст.

Сешанбе љавзоњо њангоми рондани мошин бодиќќат бошанд, вагарна ба садама дучор шу-данашон аз эњтимол дур нест.

Панљшанбе гуногунфикрї боиси сар зада-ни љангу љанљол хоњад шуд. Агар дањонатонро нигоњ надоред, аз тарафи роњбарият суханони носазо мешунавед.

Охири њафта ба дидорбинии дўстонатон би-равед ё онњоро ба хонаатон даъват кунед.

ЉАВЗОЉАВЗО

эњтиёткорї ва эътимод ба худ лозим аст. Барои иваз намудани љои зисту истиќомат айёми мусоид даррасида, эњтимоли пайдо намудани дўстони нав дар назар аст.

САРАТОН (22 июн -22 июл)

Барои аз худ дилхунук на-сохтани дўстону наздиконатон кўшед кору рафторатонро таѓйир надињед, яъне муќобили дарё шино накунед, вагарна ѓарќ мешавед ва касе ба имдода-тон нахоњад расид. Бебок бошеду нотарсона ќудрату тавоноиятонро нишон дињед.

Сешанбе пеш аз кори нав оѓоз кардан, каме фикр кунед, шояд хело корњои нобасо-мон бисёр асту мењнати зиёдро талаб мекунад. Панљшанбе дўсти наздикатон кўмак мепурсад. Дасти кўмак дароз кунед. Шанбе барои хари-дани ашёи кайњо орзу намудаатон мувофиќ аст. Дугонаи наздикатонро њамроњ гиред, аммо дар интихоб саросема нашавед.

АСАД (23 июл - 23 август)

Шуморо ин њафта фикрњои аљибе сарсону саргардон мекунанд. Худро азоб надода фикрњоятонро љасурона

баён кунед, шояд дастгирї ёбед. Сешан-бе барои истироњат ваќт намеёбед, зеро мушкилињои гуногун ва корњои ѓайринаќшавї пеш меоянд. Аз ин рў якравї накарда аз дўстонатон кўмак пурсед, танњо онњо ба до-датон мерасанд.

Панљшанбе рашки бемавриди ошиќатон чунон дилатонро хиљил мекунад, ки мехоњед њама муносибатњоро хотима бахшед.

Саросема нашаведу ягон амали беандешо-нае накунед, то пушаймон нашавед.

АСАДАСАДШуморо ин њафта фикрњои аљибе

сарсону саргардон мекунанд. Худро азоб надода фикрњоятонро љасурона

Толеънома

Page 8: Шумораи 14

№14 (738) 09.04.2014 8

МУРЃБИРЁНИ КЎФТА

Мањсулоти лозима:1 мурѓ, мурчи сиёњ, ќаланфури сурх, тухм, орд, кар-

тошка, равѓанТарзи тањия:

Мурѓи пўсткардаро пора-пора карда, каме кўбед. На-мак, мурч ва ќаланфури кўфтаи сурх пошед. Њар як пораи мурѓро аввал дар тухм тар карда, ба орд занеду бори дигар дар тухм тар карда, дар равѓани тасфони маска бирён ку-нед. Аз картошка пюре тайёр карда, онро дар байни табаќ гузореду аз болояш равѓани дар он мурѓпухтаро рехта, мурчи сиёњ пошед. Атрофи пюре гўшти мурѓро чинед.

ОШХОНАИ "ОИЛА"

Масъули сањифа Нодира Раљабова Пешнињодњои худро бо тел: 238-53-35 ва почтаи электронии [email protected] ирсол намоед.

-Ба мењмонии ошхонаи «Оила» хуш омадед!

-Ташаккур! Обод бошед!

-Аз он, ки љоизаи «Садои дил»-ро соњиб шудед, фахр мекунед?

-Албатта фахр мекунам! Аз мухлисонам миннатдорам, ки маро дастгирї намуданд.

-Мухлисонатон консер-ти шуморо бесаброна ин-тизоранд. Кай онњоро хур-санд месозед?

-Худо хоњад дар наздикта-рин фурсат барномаи консер-тиямро пешкаши мухлисонам месозам.

-Акнун сари маќсад меоем, ќариб нисфи мардони мољик њунари ошпазї доранд, Шумо њам аз њамин тоифаед ё аз сар халондан ба ошхона ор мекунед?

-Аз худ ошпази моњир наметарошам, вале зарур ояд, ош њам мепазаму ди-гар таом њам. (механдад)

-Худатон кадом та-омро дўст медоред?

-Ошиќи ќурутобам.

-Ба куљо ќурутобхўрї меравед?

-Ќурутоби болаззатта-ринро дастони сењрноки модарам тайёр мекунанд.

-Њамсаратон магар кад-бонуи моњир нест?

-Кадбонуи бад нест, то имрўз ягон маротиба хўроки шўр ё сўхтагиро наздам на-гузоштааст. Тозакору боназо-кат аст.

-Хўрокпазиро худи Шумо кай омўхтед?

-Солњои донишљўї дар иљорахона њамроњи бачањо бо навбат хўрок мепухтем, њамон ваќт нозукињояшро омўхта будам.

- Шумо њамон солњо ка-дом хўрокњоро омода ме-кардед?

-Оши палов, шўрбо, кар-тошкабирён…

-Њамин шабу рўзњо љойи хўрокхўрии Зубайдулло куљост?

-Тарабхона ва тўю маъракањои мардум.

-Дар тарабхона таъоме фармоеду хўрокро табъи дилатон тайёр накунанд, љанљол мебардоред?

-Не. Имрўзњо дар њар гўшаи шањрамон тарабхонањое њастанд, ки аз хўрдани хўрокњои болаззаташ кас роњат мекунад.

-Хўриш хўрданро дўст медоред?

-На њама хўришњоро ме-писандам. Бештар хўришњои лаблабугї, оливия ва мавсимї фармоиш медињам.

-Ширинихўракед? -Дар љашну хурсандињо

торт ё ќандина биёранд, фаќат як пораашро ба дањон мебараму баъд бо бањонаи он, ки сер њастам, даст ме-кашам. Шириниро дўст на-медорам.

-Ба хонаатон мењмон ояд, чї гуна истиќбол ме-гиред?

-Мењмонро тољи сар меку-нам, зеро мењмон ояд файз аз ќудумаш меборад. Њар чизе хост, наздаш мегузорам, то нагўяд, ки ин њофиз бисёр хасис будааст.

-Манту, торт ва хўриши «сезар»-ро наздатон оранд, аввал ба кадомаш даст да-роз мекунед?

-Аввал хўриши «Сезар»-ро мехўраму баъд даст ба таъом мебарам.

-Барои њаводорони њунаратон кадом ретсеп-тро пешкаш карданиед?

-Оши сиёњалаф.

Масъул: Рустам

Њар як бону бо дида-ни ожангњои рўяш ѓамгин мешавад. Чинњои рўй на њамеша нишонаи пирї, бал-ки нишонаи баъзе беморињо низ буда метавонанд.

Ожангњои рўй аз беморињои рўдаву меъ-да, дарди сар, хирабинї шањодат медињанд. Аз рўйи чинњои рўй хислати инсонро низ фањмидан мумкин аст.

Хитоињо рўйро ба се ќисм таќсим мекунанд ва њар кадоме аз ин ќисмњо дар синну соли муайян ањамияти хоса доранд.

Ќисми аввал-аз сар-шавии мўйњо то абрўвон имкониятњои аќлонии ин-сонро таљассум менамояд.

Ќисми дуюм аз абрўвон то нўги бинї ба иродаи ин-сон, худро идора карда на-тавонистанаш ишорат мена-мояд. Дар синни 35-50 сола-гии нафарони боирода дар болои бинияшон ќадшавии пўстро дидан мумкин аст. Аз рўйи ќисмати поёни рўй дилбастагии инсон ва ноба-рориву комёбињои ўро муай-ян кардан мумкин аст.

Инак, чинњои рўй чї асрор доранд? Ќадшавии пўсти болои чашм аз бемо-рии дил гувоњї медињад.

Чинњои хурди поёни чашм аз норасоии витами-ну бехобї дарак медињанд. Халтазании пўсти поёни чашм нишонаи бемории гурда аст. Чинњои чуќури кунљи чашм аз косташа-вии шунавої ва меъдаи бемор нишонаанд. Чинњои кўтоњу чуќури пешонї ас-рори асаби заифу зуд-зуд рўњафтодашавї ва бехобии инсонро мекушояд.

Чинњои байни абрў ни-шонаи љигари беморанд.

Дар болои лаби болої ожанг пайдо шавад, до-нед, ки системаи њормонї заиф аст. Њангоми бемории рўдањо низ чунин ожангро дидан мумкин аст.

Чинњои атрофи лабњо њушдор месозанд, ки меъ-даро ташхис намоед. Чинњои гардан аз халалё-бии мубодилаи моддањо њушдор месозанду аз бе-мории сутунмуњра, миён ва остеохондроз дарак медињанд. Хитоињо чинњои амудии гарданро бо хала-лёбии кори ѓадуди сипар-шакл алоќаманд медонанд.

Чинњо боз чї мегўянд?

Одамони шармгинро аз чинњои атрофи лабонашон шинохтан мумкин аст. Ак-саран чунин чинњо дар на-

фарони шармгин пайдо ме-шаванд. Чинњои амудии бо-лои абрўвон аз ростќавливу вафодории инсон дарак медињанд.

Хатњои аз кунљи лаб то бинї пайдошуда бозгўи дилтангиву ѓамгинии инсо-нанд

Пўсти рўйи нафароне, ки пайваста дар њолати хавотирї ќарор доранд, пажмурда буда дар болои абрўвонашон ду ожангро дидан мумкин аст.

Шахсе ки пайваста ба тааљљуб меояд, дар болои чашмонаш чинњои хурди амудї пайдо мешаванд. Чинњои рўй бештар бар асари рўњафтодагї, ташви-шу нобасомонињо дар љойи кор ва беморињои узвњои дохилї пайдо мешаванд. Айни замон барои рафъи ожангњои рўй воситањои зи-ёде вуљуд доранд, ки њуснро бардавом нигоњ медоранд. Бигзор ожангњои рўйи шумо бар асари хандаву табас-сум пайдо шаванд.

Офтоб чинњоро зиёд мекунад

Офтоб пўстро мехушко-наду боиси пайдо шудани чинњо мегардад. Бешта-ри ваќтатонро дар берун мегузаронида бошед, аз малњами њифзкунанда ис-тифода баред. Барои њифз намудани пўсти атрофи чашм аз офтоб айнак пўшед ё чатр гиред. Баъди ба хона омадан рўятонро шўеду малњами ѓизобахш молед.

Машќи бадан кунед

Ба њолати пўст машќњои љисмонї низ таъсири мусбї мерасонанд. Нафароне, ки њамарўза бо варзиш машѓуланд, пўсти солим до-ранд. Дар як рўз сї даќиќа машќи љисмонї кофї аст, ки пўстатон зебо гардад.

Ба ѓизо диќќат дињед

Ѓизои «носолим» низ рўйи занро пурожанг мена-мояд. Бештар ѓизои сафе-даву витаминдор истеъмол намоед. Дар як рўз на кам-тар аз 7-8 истакон об нўшед.

Витамини ЕВитамини Е барои пўст

хеле фоидабахш аст. Ин витаминро аз дорухонањо дастрас кардан мумкин аст. Мањлули равѓанмонанди ин витаминро ба љойњои чин-дори рўятон ќабл аз хоб мо-лед.

ЌАНДИНАИ ЗУДПАЗ

Мањсулоти лозима:

1 ќошуќ маргарин, 2 тухм, 1/2 ст шакар,

1ст сметана, сода, намак, 2 ст орд, ванилин

мувофиќи табъТарзи тањия:

Аз тамоми мањсулоти номбаршуда хамир тай-

ёр кунед. Хамирро ѓафсияш 1 см тунук карда, бо

ќадањча даврача бурида, бо чангак болояшро ан-

даке сўрох кунед. Дар тафдони гарм то тиллоранг

шуданашон пазед. Бењтараш ба лаълии тафдон

коѓаз ё пергамент тунук карда, баъд ќандинањоро

пазед.

АСРОРИ ЗЕБОЇ

ОШИ СИЁЊАЛАФМањсулоти зарурї:

Ду бандча сиёњалаф,

500 гр биринљ,

намак ва чаккаи обкардашу-

даТарзи тањия:

Аввал дар дег обро

мељўшонему биринљро меандо-

зем. Баъди 15-даќиќа љўшидани

биринљ сиёњалафи резашуда-

ро ба дег андохта мекобем. На-

мак пошида рўяшро мепўшонем, то наѓзакак љўшида пазад.

Биринљ, ки сурх шуд, оташро хомўш мекунем. Ваќти ба косањо

кашидани сиёњалаф ба рўяш як ќошуќї чаккаи обкардашударо

андоњта рўи дастархон мегузорем.

ЧИНЊОИ РЎЙ АЗ ЧЇ ШАЊОДАТ МЕДИЊАНД?

ЗУБАЙДУЛЛО ХОЛОВ ОШИ СИЁЊАЛАФ МЕПАЗАД

№14 (738) 09.04.2014 88

Page 9: Шумораи 14

№7 (731) 19.02.2014 МУЊОЉИР 9

Зодаи ноњияи Темурмаликам. Маро

дўстонам бо бањонаи кори сердаро-

мад ёфтан ба Русия бурданд. Баро-

бари ба љойи таъйиншуда расидан пу-

шаймон шудам, чунки аслан корамон

маънї надошт. Азми бозгашт намудам,

вале Шокири љўраам маслињат дод,

ки тоќат кунам, њамааш хуб мешавад.

Њарчи бодо бод гуфта истодам. Субњ

аз паси раис ба як идора мерафтему

то нисфирўзї дар паси дараш ниша-

ста, баъди баромаданаш боз њамроњ

ба иљорахонаамон меомадем. Як шаб

марди ришдоре мењмонамон шуд ва

ба њама тољикон зиёфат дод. Мењмони

пулмаст аз љайбаш пачкаи долларро

бароварду пеши пойи мо рехт. Чаш-

монамон аз дидани чунин пули калон

барќ зад. Ин мард љўраи наздики ра-

исамон будааст ва аз ин пас тез-тез

меомадагї шуда монд.

Раисамон ба шарофати њамин

љўрааш њар рўз мошинашро иваз

мекардагї шуд. Чанд хонаи боњашамат

низ харид. Рўзе назди раисамон даро-

мада гуфтам, ки ман њам пули калон

кор кардан мехоњам. Лабханде карда

сумкаи калонеро ба дастам дод ва

гуфт, ки агар њамин амонатро ба њамон

љўраи ришдораш бурда расонам, пули

калон медињад. Хурсанд шуда розигї

додам. Раис ба фурудгоњ занг зада

барои ман чипта фармуд. Ман бояд

сумкаро ба як шањри дигар мебурдам

ва дар он љо ба дасти љўрааш месу-

пурдам. Раис ваъда дода буд, ки маро

аз назорати гумруки милисањои шино-

саш мегузаронанд. Бадбахтона њамон

рўз дар фурудгоњ рейд мерафтааст.

Милисањои ошнояшро наёфта ба раис

занг задам ва вазъиятро фањмондам.

«Таќдират бад будааст» гуфту теле-

фонро хомўш кард. Ин дам навбати

ман расид. Сумкаамро болои компютер

гузоштанд ва дарњол ба дастонам за-

влона заданд. Дар сумка андак не, 18

килло героин будааст.

Хуллас, маро 18 сол аз озодї мањрум

намуданд. Инак, ќариб 14 сол мешавад,

ки дар мањбасам. Рўзу соати озодиро

бесаброна интизорам. Љавонони азиз!

Њељ гоњ мисли ман асири пулу мол на-

шавед, ки оќибаташ пушаймонист!

Зайниддин,

мањбус аз шањри Самара.

ИШЌИ ПУЛИ КАЛОН ЊАЁТАМРО СЎХТ

Хонандагони азиз! Њафтаномаи «Оила» барои муњољирони тољик, ки дар Русия њастанд ва ањли хонаводањояшон сањифаи наверо бо унвони

«Муњољир» боз мекунад. Инак, се номаи пурдардро аз ин силси-ла пешкашатон месозем. Шумо њам гуфтание ба азизонатон

дошта бошед, њатман ба сањифаи «Муњољир»-и «Оила» нависед. Мо номањои ба пайвандони дар Русия бу-

даатон тааллуќдоштаи шуморо дар њафтавори «Оила-Россия» ва розу ниёзи љигарбандони дар

Руссия будаатонро дар њар шумораи «Оила» нашр намуда, миёни шумоён робитаи назди-кро тариќи газета барќарор менамоем. Ин-тизори номањои шумоём! Телефонњо барои маълумоти муфассал:

238-53-35 ва 985-81-89-81

Русия њастанд ва ањли хонаводањояшон сањифаи наверо бо унвони «Муњољир» боз мекунад. Инак, се номаи пурдардро аз ин силси-

ла пешкашатон месозем. Шумо њам гуфтание ба азизонатон дошта бошед, њатман ба сањифаи «Муњољир»-и «Оила»

нависед. Мо номањои ба пайвандони дар Русия бу-даатон тааллуќдоштаи шуморо дар њафтавори

«Оила-Россия» ва розу ниёзи љигарбандони дар Руссия будаатонро дар њар шумораи «Оила»

нашр намуда, миёни шумоён робитаи назди-кро тариќи газета барќарор менамоем. Ин-тизори номањои шумоём! Телефонњо барои маълумоти муфассал:

Зодаи шањри Турсунзодаам.

Мо дар оила 4 фарзандему па-

дарам дар мактаб посбонанд.

Маоши ночизи падарам базўр

зиндагиамонро сарбанўг ме-

кард. Ба ќавле худамон нони

серї намехўрдему дар њамин

айёми душвор ба хоњарам хост-

гор омад. Одамони хубанд гуф-

та, волидонам розигї доданд

ва фотињаро гузаронданд. Ба-

рои гузаронидани тўй пул надо-

штем, барои њамин ман ќарор

додам, ки назди њамсинфонам

ба Русия меравам. Чиптаи по-

ездро харидам ва бо падару

модару ёру дўстонам хайру-

хуш карда, ба сафар барома-

дам. Бадбахтона дар поезд

њамроњи бачањои майзада аф-

тидам. Шароб нўшида беодо-

бию девонагарї мекарданд ва

намегузоштанд ором бихобам.

Сарамро зери болин гузошта

чашмонамро пўшидам. Яке аз

он авбошон маро хобида гумон

карда, сумкаамро кушод. Па-

рида аз љоям бархостам. Ши-

носномаю пулњоям аллакай дар

дасташ буданд. Хун ба сарам

зад ва чунон мушти обдоре ба

баногўшаш фаровардам, ки

гурсосзанон ба замин афтид.

Њамроњонаш ба ман њуљум на-

муданд. Азбаски танњо будам,

зўрам ба онњо нарасид. Авбо-

шон маро мурдакўб карда аз

поезд партофтанд. Чашмо-

намро кушода дидам, ки дар на-

здикии вокзали Сочї дар рўйи

барф хобидаам. Базўр худро

кашолакунон аз љоям бархо-

стам. Њавои бисёр хунук буд

ва бар замми ин, шикамам аз

гуруснагї танбўр менавохт. Но-

чор ба гадої даст дароз кардам.

Мардуми роњгузар наздам як

сум ним сум партофта мераф-

танд. Зане ба ман каме хлеб

дод. Нонро хўрда андак ќувват

гирифтам ва сипас пулњоямро

љамъ карда ба маѓоза рафтаму

мачалка, сатил ва шампун хари-

дам. Дар њавои сарди зимистон

ба мошиншўї машѓул шудам.

Шабњо дар тањхонањо хоб ме-

кардам. Њамин тавр бо азобњои

алим 6 моњ кор карда, пули тўйи

хоњарамро љамъ кардаму сипас

ба Ватан баргаштам. Падару

модарам аз он, ки тўйи духтара-

шонро бо обрў гузарондам, хур-

санданд, вале дар њавои хунук

мошиншўї кардан саломатии

маро барбод дода, сахт азоб

мекашам. Маќсади нома нигош-

танам он аст, ки љавонон панди

ними нон роњати љонро шиор

намуда, дар Ватан кор ёбанд

ва њељ гоњ фикри ѓарибиро на-

кунанд!

Сўњбатулло аз ш. Турсунзода

МУРДАКЎБ КАРДА АЗ ПОЕЗД ПАРТОФТАНД

ДОМОДИ БЕВАФО АРЎСРО ПАРТОФТА РАФТ…

Бори аввал аст, ки ќалам ба даст гирифта, нома менависам. Дилам лабрези ѓаму ду чашмам чашмаи ашки алам гаштааст, барои њамин розамро рўйи авроќи сафед рехтам, то дилам таскин ёбад. Мо дар оила чор нафар фарзандем, ду духтару ду писар. Апаамро дар ноњияи дурдасте ба шавњар доданд. Бародаронам њар сол ба муњољирати мењнатї мерафтанд, то аробаи зиндагиро бе миннат бикашанд ва дастнигару таънашунави мардум набошанд. Бародари калонамро бо маблаѓи аз Русия овардаашон хонадор кардем. Акаи хурдиам дар тўй иштирок надошт. Пас аз тўй акаи калониам боз ба Россия рафт, то бародари хурдиам Шуњратуллоро низ хонадор намоем. Њарду бародаронам аз тањти дил кор карда пули кирої љамъ карда баргаштанду модару падарам, хешу таборро љамъ карда дар фикри ёфтани келини арзанда афтиданд. Аз акаам пурсиданд, ки ягон арўси таги чашм кардагї дорад ё не, хандида гуфт: «Канї як духтарњои дењаро аз назар гузаронам!» Таќдиру насиб чунин бу-дааст, ки акаам њамсоядухтарро хуш кард. Арўсу домод рўзи тўй мисли шоњзодаву маликаи афсонавї буданд. Модарам даст ба дуо бардошт, ки соли оянда соњиби фарзанд шаванд, вале… Ду моњ пас њарду бародаронам боз ба Россия сафар карданд ва ин дафъа пули мошинро љамъ карда омаданд. Падарам бо пули мењнати писаронаш мошин харида аз хурсандї дар куртааш намеѓунљид, бехабар аз он, ки ин мошин азизтарин ганљашро мерабояд. Бародари аз љон азизтарам Шуњратуллои навдо-мод њамроњи љўрањояш Диловар ва Хушбахт ба мошин нишаста ба сайр рафтанду дар шоњроњи Ду-шанбе- Турсунзода ба садамаи наќлиётї гирифтор шуданд. Риштаи умри се љавон дар њамин садама канда шуд. Модари бечораам шабу рўз дар ѓами писари ѓуррамаргаш меноладу мечокад. Бечора янгаам лолу њайрон мондааст, намедонад тифлаки батнашро чи кунад. Домоди бевафо арўсашро партофта рафт. Бебозгашт рафт! Аз ѓами бародари ѓурамаргам дилу љигарам зардоб аст, вале чи кунам, ки мо њама дар назди таќдир ољизем.

Як акаву як хоњар дар ин боѓ будем,Як себаки сурх дар њар сари шох будем.Шохак бишкаст, ки сарнагусор шудем.Оё ба дуои кї гирифтор шудем?

Мирзоева Таманно, ноњияи Њисор, дењаи ЛангарМасъул: Рустам

Page 10: Шумораи 14

№14 (738) 09.04.2014 10 ЧОРСЎИ ЗИНДАГЇ

Ба гўши Санавбар овози холааш

гўё аз дурињои дур мерасид. Њанўз њам овози Гуландом дар гўшњояш садо медод: ”Ин охирин огоњии ман аст...” Санавбар илоље карда бо ёрии холааш дузону нишаст ва пиёлаи љурѓотро гирифта як љуръа

нўшид.-Хез, назди танўр равем, ба фикрам туро сиёњї пахш кардааст, аз сиёњии дегдон гирифта бо љурѓот якљоя андаке дињам, сињат мешавї. Одамони ќадим њамин

тавр мекарданд...

-Канї аз ин як- ду ќулт хўр, сиёњию сафедии якљоя ба сад дард даво. Њамаи беморињо аз тарсу аз њасуд пайдо мешаванд. Шояд аз чизе тарсидаї ё ягон кас чунин арўси зеборо дида суќ кардааст...Санавбар маљбур як-ду ќулт нўшид ва дар

њаќиќат њам худро андаке сабук њис карда гуфт:-Рањмат хола, ман њамту андак сарам чарх зад. Намедонам бо кадом сабаб...

(Давомаш. Аввалаш дар шуморањои гузашта)

-Ба ту чї шуд, духтарљонакам? Са-рат чарх зад ё ин гўсолаи бало шох зад? Хез аз љоят, ана ин љурѓотро хўр, ба худ меої,-Сафармоњ дар атрофи келини дар болои порўи гўсола афти-дааш чарх мезаду чї кор карданашро намедонист. Ба гўши Санавбар ово-зи холааш гўё аз дурињои дур ме-расид. Њанўз њам овози Гуландом дар гўшњояш садо медод: ”Ин охирин огоњии ман аст...”

Санавбар илоље карда бо ёрии холааш дузону нишаст ва пиёлаи љурѓотро гирифта як љуръа нўшид.

-Хез, назди танўр равем, ба фикрам туро сиёњї пахш кардааст, аз сиёњии дегдон гирифта бо љурѓот якљоя андаке дињам, сињат мешавї. Одамони ќадим њамин тавр мекарданд...

Гуфтањои холааш аслан ба гўши Са-навбар намедаромаданд, чунки њанўз њам њушу ёдаш банди мољарояшон бо Гуландом буд. Тасодуфан чашмаш ба бари домани зардўзиаш афтод, ки ба саргини гўсола олуда шуда буд. Хост онро аз доманаш дур кунад, аммо да-стонаш њам олуда шуданд. Сафармоњ келинашро тасаллї дода гуфт:

-Њељ гап не, як курта будааст, мешўї, тоза мешавад. Доѓаш намемонад...

“Эњ, ту намедонї хола, доѓаш кайњо мондааст ва ин доѓро ман дигар њаргиз аз домонам шуста наметавонам.Ин доѓро писарат медонад, барои њамин маро набахшид. Акнун барои њамин доѓ аз Гуландоми миљморуќ тањдид мешунавам. Њозир диламро кафонда пеш аз Гуландом њамаашро ба хо-лаам худам гўям чї? Диламро холї карда, баромада меравам! Њарчи

бодо бод!” аз дил гузаронд Санавбар ва аз љояш хеста зонуи дар ваќти аф-тидан андак лат ёфтаашро молиш до-даистода, ба суфаи назди айвон ра-сид. Садафмоњ дид, ки келинаш худаш аз љояш хест, саросема пиёли љурѓотро ба назди танўр бурда, аз гўшаи он бо нўги панљањояш сиёњї гирифта, бо љурѓот якљоя кард ва љурѓоти сип-сиёњшударо ба зўрї ба лабони Санав-бар наздик бурда гуфт:

-Канї аз ин як- ду ќулт хўр, сиёњию са-федии якљоя ба сад дард даво. Њамаи беморињо аз тарсу аз њасуд пайдо мешаванд. Шояд аз чизе тарсидаї ё ягон кас чунин арўси зеборо дида суќ кардааст...

Санавбар маљбур як-ду ќулт нўшид ва дар њаќиќат њам худро андаке сабук њис карда гуфт:

-Рањмат хола, ман њамту андак са-рам чарх зад. Намедонам бо кадом сабаб...

-Одатан занњои дуљонро сарашон дар аввал чарх мезанад, лекин аз рафтани шавњарат 8 моњ гузашт, на-ход акнун дуљон шавї?

Ин суханони Сафармоњ гўё барќи баландшиддате буд, ки дар як лањза Санавбарро дар љояш хокистар намуд, вале келинчаки маккора зуд худашро ба даст гирифта гуфт:

-Не, ман пештар, дар давраи духта-риам њам гоњ-гоњ њамин хел мешудам. Духтур гуфта буд, ки ин аз сабаби камхунї. Шояд њамин тавр бошад...

-Ба њар њол, ин сиёњию сафедї фоида дорад, то охир хўр,-Сафармоњ пиёлаи дасташро ба лабони Санав-бар наздик бурд ва ў то охир љурѓоти бо сиёњии танўр якљоякардашударо нўшиду баъд лабонашро бо дасташ тоза кардаистода, бо овози ларзон ба холааш гуфт:

-Хола, ман ба шумо як гап гуфтанї... Инро бояд

кайњо мегуфтам, аммо љуръат

накардам...- Г ў й

духтарљон, гўй. Њоло, ки шавњарат нест, ягона касе, ки метавонї тамоми гапатро гўї ин манам...

“Њарчи бодо бод... мегўяму мера-вам” бори дигар дар дилаш ањд на-муд Санавбар ва барои давом до-дани суханаш лаб во карданї буд, ки садои занги телефон аз киссаи камзўлчааш баромад. Ў аз давом до-дани суханаш истињола намуда, те-лефонро аз кисса баровард. Холаи Сафармоњ пиёлаи холї дар даст ба дањони ў менигарист. Санавбар дар болои экрани телефон номи Сахоро дида, аз љояш хест ва аз холааш дуртар рафт. Хола низ бархоста гуфт:

-Хайр, гапат, ки бо дугонаат тамом шуд, баъд мегўї. Ман њоло рафта гўсолаи сархўрро ба миёнаи боѓ бур-да бандам...

Санавбар аз дур шудани холааш андаке ором шуда, телефонро ба гўшаш бурд. Аз он тараф садои Сахо баромад:

-Эй духтар, ту дар куљої?-Дар куљо мешудам, дар хонаам дия.

Ња, чї шуд, ки маро суроѓ кардї? Шаб мисли ман ягон хоб дидї-чї?

-Чї хоб дидї?-Хоб дидам, ки аз ту дуљон шудаам

ва тасдиќи хобамро имрўз аз забони хушдоманам шунидам!

-Чї, ту магар девона шудаї? Хушдо-манат фањмид?

-Фањмад чї? Гуландом дуљон шуда-асту ман аз вай кам мї?

-Гуландомро шавњараш дар пе-шаш! Шавњари ту дар ким куљоњо гум ку? Хушдоманат намепурсад, ки аз кї буѓуз шудї?

-Мепурсад ва албатта мегўям, ки аз кї буѓуз шудаам. Ман дигар тоќати нигоњњои холаамро надорам, охир то кай кампири бечораро фиреб дода мегардем?!

Аз он тарафи гўшї як муддат танњо садои нафаскашї шунида шуд, баъд Сахо овоз баровард:

-Санавбар, ману ту бояд вохўрда ин масъаларо њал кунем!

-Не, аввал ман ба хушдоманам њамаашро гуфта медињам. Ба кам-пир мефањонам, ки чаро писараш ин ќадар барваќт арўси навро партофта ба мусофират рафт ва мегўям, ки чаро ў на телефон мекунаду на пул мефиристад. Њамаашро мегўям!

-Љонакам андак сабр кун, як бор вохўрем, баъд њамаашро мегўї. Ќасам мехўрам, ки њамаашро њал

мекунам. Шояд баъдтар аз Гуландом људо шуда туро мегирам, вале њозир андак сабр карданат лозим аст!

Аз дањони Сахо ин бор гўё шањду шакар мерехт. Санавбар, ки аз ў фаќат истењзою таъна мешунид, бо шунидани суханњои ширини Сахо обу адо шуда буд. Табиати занњо чунин аст, ки бо шунидани андак таъриф ё хушомад, замини зери пояшонро фаромўш мекунанду гўё дар њаво ба парвоз медароянд. Санавбар низ ис-тисно набуд ва оњанги гапашро анда-ке мулоим карда гуфт:

-Майлаш, бори охирин сабр меку-нам. Кай ва дар куљо вомехўрем?

-Њамин бегоњ. Дар поёни боѓи мак-таб. Соати њашти бегоњ. Мешавад?

-Майлаш, лекин ман чї хел аз хона мебароям? Хушдоманам чї мегўяд?

-Љонакам, ту дар ёфтани бањона њамто надорї. Ягон илољашро мебї. Ман дар ваќти таъйиншуда дар њамон љо мешаваму дар даруни мошин ме-шинам. Дидї, ки мошини ман исто-дааст, бе њељ гап рафта савор шав. Баъд ба куљо рафтанамонро мегўям. Фањмидї?

Санавбар наздик шудани холаи Сафармоњро дида, бо овози паст

“майлаш” гуфт ва телефонро дубора ба киссаи камзўлчааш андохт.

-Ња, гапатро ба дугонаат гуфта та-мом кардї?

-Як њамсинфам будааст, бењуда лаќид. Рафта домани ифлосшудаам-ро шўям,-Санавбар бо њамин бањона хост аз пањлўи холааш гузашат ба лаби љўй равад, аммо кампири Сафармоњ ўро нигоњ дошта гуфт:

-О гапат нотамом монд ку! Ту ба ман чизе гуфтанї будї...

-Баъд мегўям хола, њоло сахт ха-ста шудаам...

-Майлаш, лекин тайёриатро бин, либосњои арўсзебатро пўш, њозир њардуямон ба назди духтур мера-вем...

-Ба назди духтур? Барои чї?-Барои чї мешуд, охир сарат чарх

зада афтодї, мабодо бемор набошї? Ман ба шавњарат чї љавоб медињам? Аз бало њазар гуфтаанд духтарам...

Аз ин суханон сари Санавбар дубо-ра чарх зада, ќариб афтода буд, аммо худро ба даст гирифта ба сутуни айвон такя кард...

(Давом дорад)А.ЊОЉЇ

ИШЌИ ТИЛЛОИИ МУЊОЉИРИ ТОЉИК

ХАЗОНИ ОРЗУЊОБиё эй дўст дилам аз ѓам рањо кун,Барои рўњи Ањлиддин дуо кун.Агар дармони дилам гар ту бошї,Сари ќабраш раву аз љон видоъ кун.Эй додари љон њазор фарёд кунам,Бо сураи Ќуръон рўњи туро шод кунам. Ањлиддинљони нокому ноумед аз зиндагї,

дури ноёби падар, нури чашмони чори мо-дар! Муѓчаи гулњои умедат њанўз ношукуфта пажмурда гаштанду ормон ношикаста рахти сафар бастї. Тарк кардї зиндагию ормонњоро бурдї бар хок. Њама орзуњоятро дар айёми љавонї бар хок бурдиву доѓи сарду сиёњро дар синнаи модару ањли хешонат гузоштї. Ёди рўи њамчу офтоб љонсўзатро ба дилњо мепарварем, додари гумшудаамон Ањлиддин. Иллоњо манзили охират ободу рўњат назди Оллоњ шод бошад!

Бо дуо: янгаат Љавњарой, амакат Собир ва амакбачањоят Мансур ва Даврон.

Page 11: Шумораи 14

№14 (738) 09.04.2014 11ЧУНИН ЊАМ МЕШАВАД

Дар шумораи навбатї:

МУЛЛОИ АРЎСБОЗРўзи дигар боз њамон зан келинашро ба назди домулло оварда гуфт:

-Духтарњои њозира њељ ба муллою табиб боварї надоранд. Келинамро маљбуран бо љангу љанљол ба ин љо овардам.

Бобои Мањмуд дандонњои зарди нимшикастаашро нишон дода, табассуми безебе кард ва мисли гурбаи ба димоѓаш бўйи гўшти лањм расида лабонашро бо њавас лесида, фармуд, ки ба љуз аз келинчак дигар њама аз хона бароянд. Зебо дарро аз дарун бастани хусурашро дида, њодисаи шаби гузаштаро ба хотир оварду баданаш виљирос зада рафт. Лањзае на-гузашта садои доду фарёди келинчак баланд шуд ва арўсаки рўймолаш афтидаи мўйњояш парешон ба шаст аз хона ба берун баромад. Хушдоманаш дасти ўро дошта, њаросон сабаби фарёдашро пурсид.

-Боз чї мешуд, ќариб буд, ки ин мўйсафеди беимон шармандаам кунад. Њар боре ки шумо маро ба назди ў медароред, бешармона маро ба оѓўш мегирад ва чї наѓмањое намекунад… Дигар сабру тоќатам намонд, ман ин домуллои духтарбозро ба суд медињам,-фиѓон кашид арўсак ва акши чашмонашро пок кард.

-Ту чињо мегўї келин? Наход ин гап рост бошад,-нобоварона пурсид кампир ва теѓ кашида ба мулло нигарист.

Бобои Мањмуд гуноњашро ба гардан нагирифта, мегуфт, ки ин арўси девона ўро тўњмат карда истодааст….

Мехоњед донед, ки баъд чї шуд?

Пас, шумораи навбатии «Оила»-ро љўед, ёбед, хонед!!!

(Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта)

Бародарон ин даъфа бе Љовид омаданд. Модар аз ин фоли бад гирифта аз гиребо-ни яке аз писаронаш гирифта гуфт:

-Рост бигў, бачама куљо кардї?!

-Очаљон, Љовид баъдтар меояд,-нигоњашро аз модар гурезонда љавоб дод љавон.

Гиряву дарду сўзи мо-дарро дида, оќибат баро-дарон иќрор шуданд, ки Љовид њамроњи рафиќонаш ба фурўши маводи мухад-дир даст доштаасту ўро ба мўњлати 15- сол зиндонї карданд. Аз чашмони модар хун меборид, акнун шабу рўз сар аз болин намебардошт ва њамеша «Худољон, њоли писаракам дар он мамлака-ти сард, дар зиндон, миёни ќавми бегона чї мешавад?» гўён нолањои зор мекард. Фарзандони калонї њоли зори модарро дида њар кадом маблаѓи муайяне партофтанд ва бародари калониашонро барои наљоти Љовид ба Ру-сия фиристоданд. Раљабалї назди модараш даромада дуо гирифт ва ваъда дод, ки то Љовидро озод накунаду њамроњаш нагирад, ба Ватан барнамегардад. Модар шабу рўз рўи љонамоз дуо мекард, ки писари азизашро аз банди зиндон рањо намояд. Байни дањ фарзанд љойи Љовид дар дили падару модар алоњида буд ва ин як амри табиист, зеро волидон ба кенљагиашон мењри хоса доранд.

Хати баротРаљабалї, нахустфарзан-

ди амаки Сарахону холаи Сољида роњу воситањои зи-ёдеро истифода бурдаю ба милисањои рус пора дода, оќибат мўњлати љазои дода-рашро ду сол кард ва худаш

ду соли дароз барои дарёф-ти ризои модар дар Маскав кор карда ба зиндон барои Љовид маводи хўрока кашонд. Нињоят дар як рўзи сарди зи-мистон, ки ашк дар нўги миж-гон ях мебаст, Љовидро аз зиндон рањо карданд. Пас аз хати бароти Љовидро гириф-тан бародарон то расидани бањор дар корхонае ба њайси боркаш кор карда, маблаѓи хубе ба даст оварданду ба Ватан баргаштанд. Холаи Сољида худро пеши пойи пи-саронаш партофта мегиристу мегирист. Бо омадани Љовид њоли модар бењтар гашту аз пайи келинкобї шуд. Холаи Сољида њамсоядухтарашонро зери чашм карда буд, вале амаки Сарахон мехост абе-раи амакашро келин намояд. Апааш Гулљамол, ки феъли бади фарзандони амакашро медонист, хост аз хатои азим Сарахонро наљот дињад, вале додараш бори аввал ба га-паш гўш накарда, ба хонаи амакаш хостгорї рафт.

Келин не, вабо!Зулњия, набераи писа-

рамаки Сарахон-Хуршед аз шаттоњию љангарагиаш ба биступанљ даромада то њол ягон харидор надошт. Сара-хон барои аз нав пайваст кар-дани риштањои хешутаборї ба нею нестони апаашу за-наш нигоњ накарда ана њамин балодухтарро ба писараш ке-лин кард. Зулњияи шаттоњ аз рўзи аввали ба ин хонадон ќадам нињоданаш ба њама лаќаб монд. Хушдоманашро «Беваи булдозер» ва хусураш-ро «Пирхари бузриш» мегуфт, шавњарашро бошад «Турем-шик» унвон дода буд. Келин-чаки бало дар шаш дар хонаи баланду барњавои хуштаъми-ру пурљињоз ва дорои боѓу роѓ худро шоњдухтар эълон на-муда, лаљоми шавњари беиро-даашро аз рўзи аввал чунон мањкам ба даст гирифта буд,

ки Љовид њама ранљу дардњои модарашро фаромўш карда, бо садои доираи занаш раќс мекард. Пас аз зан гирифтан бо модар душман шуда буд эркаписар. Нотинљии хонаи додарро дида, дили кампири Гулљамол моломоли хун ме-шуд. Рўзе хост хешдухтараш-ро насињат кунад ва Зулњияро наздаш шинонида гуфт:

-Духтарам, аслан ман ризо набудам, ки Сарахон туро ке-лин кунад, вале ќисмат чу-нин будааст. Аз байни њашт келини додарам танњо ту хешї, барои њамин бояд ба-рои дигарон намуна бошї, на хонасўз. Илтимос, модарро бо фарзанд душман накун! Аќлатро дар љояш монда зин-дагиятро пеш бар…

-Ту беваи љалаби намакњаромро бобои ман калон кард, вагарна зери ришку шабушку чирк мурда мерафтї! Шўгадои худоза-да, худат барои як марди пир шуда њама хубињои бобоямро

ф а р о м ў ш кардию боз маро насињат мекунї,-бидиросзанон ба миёни гапи кампир лагат зад Зулњияи бешарму бењаё.

Љовид овози занашро шу-нида давида омад ва тарафи амааш, ки њамеша пайи обо-дии онњо буд, дод зад:

-Эй беваи љалољин, рўзамон медињї ё не! Корат ба зани ман чї, хез дафъ шав!!!

-Илоњї ќушамаргатон бинаме,-гўён кампири Гулљамол гирён аз дар ба-ромад ва бо њамин дигар ќадамашро ба остонаи хонаи додараш намонд.

МодаркўшПас аз рафтани кампири

Гулљамол косаи сабри холаи Сољида сар омаду писарашро дуо кард:

-Кошкї дар њамон зиндон мемурдї, ки ин ќадар бено-мусиятро дида хуни љигар намешудам. Наход аз тарси њамин сиёњи баднамуд ману падарат ва аммаи ягоната хафа кунї! Шимата кашида ягон эзори заната пўш, зан-калон, то армонам намонад. Илоњї љувонимарг шавї! Худољон, њамин зани сиёњи аљинабашараат рўи фарзан-ди батнашро надида мурад, бо ин модару писара душман карданош!

Њамин ваќт Зулњия дар дасташ калўши кўњнае во-риди хона гашту ѓазаболуд ба сару рўи хушдоманаш куфтан гирифт. Љовиди беи-мон тарафи занашро гириф-та ба миёни модар лагади сахте зад. Љовиди беномусу Зулњияи худонотарс аз мўйи сари кампири бемор мањкам

дошта, модари бечораро бузѓолакашкунон мисли тўби футбол лагадкўб мекарданд ва кашон-кашон аз як гўша ба гўшаи дигари хона мебур-данд. Зани њамсоя овозаи мољароро шунида њамроњи бачањояш давида омад ва ба зўр њамсояи ќадрдонашро аз зери дасти келину писари љоњилаш халос намуда, ама-ки Сарахонро, ки ба масљид барои адои намози шом раф-та буд, хабардор карданд. Дар як дам дигар фарзандон низ ин овозаи дањшатнокро шунида расида омаданд. Холаи Сољида њамсояи љондастгирашро, ки солњои сол ба њам мисли апаю хоњар ањлона зиста буданд, љеѓ зада, дар назди њама фарзандонаш сарашро пеши пояш гузошта илтиљоомез зорї кард:

-Савлатбї, солњои сол нону намакхўр будему ман тамоми сирру асрорамро ба ту мегуфтам. Хоњари ќиёматї, њама чизи дидагита дар да-руни дилат санг бандон. Ба касе нагўй, ки Сољидаи пањлавонро писару келинаш лагаткўб карда куштанд. Ин гап аз дањонат барояд, ман дар ду дунё намебахшамат!

Келинњо ин гапњоро аз за-бони хушдомани азизашон шунида зор-зор гиристанд. Пас аз ду рўзи ин воќеа холаи Сољида дунёро бо сад дарду алам падруд гуфт ва амаки Сарахон љойнамозу љелакњои обшўстаашро гирифта ба хо-наи писари калонияш кўчид.

Сирри фошгашта

Савлатбї дар пеши њама ќасам хўрда буд, ки њељ гоњ сирри апаи ќиёматияшро на-мебарорад, аммо дарвозањои шањри калонро баста меша-ваду дањони мардумро не гуфтагї барин, худи њамон рўзи марги кампирак дар дења беимонии Љовиду Зулњияи дузахї овоза шуд. Дигар касе аз њаќќу њамсояњо бо ин зану шавњари модаркўш раф-туомад кардан намехоњад. Зулњияву Љовид дар хонаи як ваќтњо бозори гардони амаки Сарахону кампири Сољидаи мењнатї чун ду махав зиндагї доранд. Касе аз ањли дења бо онњо гап намезанад. Ин љазои аввал аст, фардо ќотили МО-ДАРро љазои вазнинтаре ин-тизор аст. Љовиди модаркуш фардои ќиёмат дар назди Худованди њамабин барои ин аъмоли бадаш чї љавоб ме-гуфта бошад?!

Дилошўб

ЌОТИЛИ МОДАР

Пас аз рафтани кампири Гулљамол косаи сабри холаи Сољида сар омаду писарашро дуо кард:-Кошкї дар њамон зиндон мемурдї, ки ин ќадар беномусиятро дида хуни љигар намешудам. Наход аз тарси њамин сиёњи баднамуд ману падарат ва аммаи ягоната хафа кунї! Шимата кашида ягон эзори заната пўш, занкалон, то армонам намонад. Илоњї љувонимарг шавї! Худољон, њамин зани сиёњи аљинабашараат рўи фарзанди батнашро надида мурад, бо ин модару писара душман

карданош!

Page 12: Шумораи 14

№14 (738) 09.04.2014 12

-Шабнам, ман ба номи

модарат 20-њазор рубл фиристодам. Имрўз хона

мењмон меояд. Мењмонро хуш ќабул карда зиќ шудан намон.

Мо баъди кор ба хона бармегардем. Њамаи њунарњоятро истифода бар, то мењмон шоду хурсанд шаваду боз мењмонамон биёяд,-таъкид кард Саид. Шабнам дастурхон ороиш медоду як фикр оромаш намегузошт, ки чаро мењмонро соњибхона нею мањз ў бояд истиќбол намояд...

Шабнам духтараки ќобилу гапдаро буд ва тамоми хоњишу дархостњои волидайнашро дар ваќташ иљро мекард. Па-дараш дар яке аз корхонањои шањр кор мекарду модараш хонашин буд. Боз ду писару як духтари дигар доштанд во-лидонаш ба ѓайри Шабнам. Зиндагиашон шоњона набо-шад њам, тинљу осуда умр ба сар мебурданд, то ваќте ягона такягоњашон падараш ба са-дамаи наќлиётї дучор гашта фавтид.

Модари њайрону зораш баъди гўручўб кардани су-туни хонадон бо тифлакони кўчак намедонист чї кор ку-над ва аз кї мадад пурсад. Аз сањар то шом кўдакон ним-серу нимгурусна мегаштанду дили модар реш-реш мешуд. Ба замми њамаи ин, тифлони хурдсол тез-тез падарашонро пурсон шуда ба захми бе ин њам хуншори модар намак ме-пошиданд. Модари ѓамгусор љуз ашк рехтан дигар чорае надошт, зеро зану шавњар дар хонаи бачањо ба воя ра-сида, касе надоштанд, ки аз ањволашон хабар гирад. Касе ба додашон намерасид.

Њамсояи девордармиё-нашон Саид як њафта пас аз марги падари Шабнам аз Русия баргашту барои таъ-зия баён кардан ба хонаа-шон омад. Сари тифлакони

маъсумро сила намуда вай њотамона ба дасти модарашон як њазорсумаи русї дода гуфт:

-Янга зиќ нашавед, таќдир њамин будааст. Акнун худо гўед, ки ба дигарон умри дароз дињад! Ман то љое, ки метаво-нам, албатта ба шумоён кўмак мерасонам.

-Рањмат додар, камиро набинї,-гуфт дар љавоб модар. Пас аз ин омаду рафти њамсоя зиёд шуд. Саид њамроњи занаш Заррина тез- тез мењмони хо-наи онњо мешуд. Бо кўмакњои пулию молї дар дили ањли хонадон љой гирифтанд зану шавњар. Рўзе Саид ба модари Шабнам гуфт:

-Янга, иљозат дињед, мо Шабнамро њамроњамон ба Ру-сия барем. Шароити зиндаги-атон шояд пас аз ин бењтар мешавад.

-Шумо ба ман њамсоя не, додари ќиёматї гаштед, лекин наметавонам ўро љавоб дињам. Шабнам амонати рањматии шавњарам аст,- гуфту гирён шуд.

-Апаљон, шумо ташвиш на-кашед, духтаратон он љо хор намешавад. Ману додаратон дар тарабхона кор мекунему Шабнамро њамчун ёрдамчии хона њамроњамон мегирем. Бароямон хўрок мепазад, пўшок мешўяд. Розї шавед, ки ўро њамроњамон барем. Ма-оши наѓзаш медињем,-ба гап

њамроњ шуд Заррина.-Намехоњам духтарам ягон

лањза аз наздам дур бошад, вале илољи дигар надорам. Барои ин тифлакон обу нон лозим. Майлаш,-розї шуд мо-дар.

Њамин тавр Саид ба Шаб-нам шиноснома гирифту, рах-ти сафар бастанд. Пеш аз са-фар модар дуои некаш доду гуфт:

-Духтарам, дар мулки бе-гона бењудагардї макун. На-шавад, ки шаъну шарафи па-даратро зери по созї! Умеди њамаамон туї, инро аз ёд на-барор!

Аз тайёра фаромада ба таксї нишастанд. Ронанда дар ду соат онњоро назди хонањои баландошёна расонд ва њаќќи хизматашро гирифту рафт. Саид ва аз пасаш Зарринаю Шабнам вориди бинои балан-дошёна шуданд. Саид дари яке аз хонањоро кушод. Во-риди хонаи кушоду барњавои њамаи шароиташ муњайё гаш-та Шабнам мањин табассум кард.

-Шабнам, ману янгаат њар рўз ба кор меравем, ту бошї бо корњои хона машѓул мешавї. Мењмонњоямонро худат ќабулу гусел мекунї, фањмо? Маошат 15-њазор рубли русї. Пулро худам њар моњ ба модарат мефиристам,-фањмонд Саид.

-Аз ўњдаи корњои хона-ку мебароям, вале ќабули мењмонњоятонро кафолат дода наметавонам амак,-андешамандона гуфт Шабнам.

-Он ќадар кори мушкил нест, мувофиќи табъи мењмон хўрок мепазї ва њар дархосте, ки кард, иљро менамої,-айёрона табассум намуд Заррина ва Шабнамро оѓўш кард.

Њамарўза зану шавњар ба кор мерафтанду Шабнам ба рўбучини хона машѓул мешуд. Аз чизе танќисї надошт, ба љуз дурии пайвандон. Бештар додари хурдияш Умедљонро ёд карда буд ва дар танњої ба ёди азизонаш мегирист.

Бо њамин минвол чанд њафта гузашту рўзе садои занги те-лефон баланд шуд. Шабнам гўширо бардошт.

-Шабнам, ман ба номи мо-дарат 20-њазор рубл фиристо-дам. Имрўз хона мењмон мео-яд. Мењмонро хуш ќабул карда зиќ шудан намон. Мо баъди кор ба хона бармегардем. Њамаи њунарњоятро истифода бар, то мењмон шоду хурсанд ша-ваду боз мењмонамон биёяд,-таъкид кард Саид. Шабнам дастурхон ороиш медоду як фикр оромаш намегузошт, ки чаро мењмонро соњибхона нею мањз ў бояд истиќбол намояд. Ѓарќи хаёл чї тавр гузашта-ни ваќтро нафањмида монд. Ногоњ садои занги дар баланд щуд. Шабнам дарро кушода, дар рў ба рўяш марди тах-минан 45-50 солаеро дид. Ба мењмон салом дода ба хона таклифаш намуд. Мењмон мисли он ки дар манзили ху-даш бошад, бароњат нишаста аз нозу неъматњо тановул ме-кард. Нигоњњои мисли гурги гу-русна тезаш ба дили Шабнам фикрњои бадро меоварданд ва ў зуд-зуд ба соат менигарист, ки кай соњибони хона меомада бошанд, то ин мењмони касо-фаташонро соњибї намоянд. Беќарории Шабнамро дида, мард ба гап даромад:

-Духтари наѓз, метавонед Саиду занашро инти-зор нашавед.

-Чаро ин-т и з о р н а ш а -

вам?! Онњо соњибони хона ва наздикони мананд, албатта њозир меоянд,-ба зарда љавоб дод Шабнам.

-Аз њамин рўз эътиборан ту моли шахсии манї ва њар ваќте, ки хоњам наздат меоям. 3 њазор долларе, ки барои ту ба Саид додам, пули кам нест. Барои ба даст овардани ту ман ба фарзандонам ягон тин нафиристодам,-якбора шаф-толуи гапро гуфт мард ва ба ў наздик шуд.

-Наход, амакам маро фурўхта бошад?-гирён пурсид Шабнам.

-Дар назари ту амак бо-шад, дар назди мо Саид танњо як духтарфурўш аст. Вай ба ѓайри ба ин љо оварда ба мардњои пулдор фурўхтани духтарон дигар ягон кор на-дорад! Фањмо?!- мењмон инро гуфта Шабнамро ба оѓўш ка-шид.

Акнун Шабнами бечора дур аз Ватан ашки њасрат ме-резад ва афсўс мехўрад, ки ба гапи њамсоя бовар карда, «хизматгор»-и мардњои бегона гаштааст…

Менолам аз дасти худї дар њалќаи бегонањо,

Њушёр будан мушкил аст, ањсант, эй девонањо.

Шабафрўз

ДУХТАРФУРЎШДУХТАРФУРЎШЊАМСОЯИ-Дар назари ту ам

ак бошад, дар назди

мо Саид танњо як духтарфурўш аст. Вай

ба ѓайри ба ин љо оварда ба мардњои

пулдор фурўхтани духтарон дигар ягон

кор надорад! Фањмо?!- мењмон инро гуфта

Шабнамро ба оѓўш кашид.

Акнун Шабнами бечора дур аз Ватан ашки

њасрат мерезад ва афсўс мехўрад, ки ба

гапи њамсоя бовар карда, «хизматгор»-и

мардњои бегона гаштааст…

Дар шумораи навбатї:

ТЕЛЕФОНИИ МОБИЛЇ ЊАЁТИ ШАБНАМРО СЎХТ-Назари ягон љавон ту мундуќчаи аљинабашарая намеги-

рад, барои њамин ба ман рашк мебарї. Аламат меояд, ки мисли ман серхаридор нестї! Маро ин ќадар насињат накун, мўњтољи панду андарзи туи маймун нестам,-Шабнам инро гуфту рўяшро гардонда бошитоб баромада рафт.

Аз алам гиристам, боварам намеомад, ки ин суханњои нешдорро аз забони дугонаи љониам шунидам. Гириста-ги-риста ба хона омадам. Писари холаам рангу рўйи парида-амро дида, сабаб пурсид. Гуфтам, ки бо Шабнам гапамон гурехту љанљол шудем. Писхандзанон гуфт:

-Ман ба ту гуфта будам, ки бо Шабнами бачабоз на-гард, вале ту тарафи дугонаатро гирифта, ўро фаришта баровардї. Бори дигар мегўям, дигар бо ин духтар дўстї накун, ки ту њам бадном мешавї. Ба тарпочагии дугонаат бовар надошта бошї, мана бо чашми худат бубин, ки Шаб-нам бо чи корњои њаром машѓул аст!

Писархолаам телефони дастиашро ба ман дароз кард. Ба экран назар андохтаму њуш аз сарам парид. Наѓмањои дугонаамро бо як марди шикамдам дида, ќариб девона шу-дам ва аз ѓазаб телефонро ба замин зада шикастам…

Мехоњед донед, ки чаро Шабнам бо роњи хато рафт ва оќибати зиндагиаш чї шуд?

Пас, шумораи навбатии Оила»-ро љўед, ёбед, хонед!!!

ЧОРСЎИ ЗИНДАГЇ

Page 13: Шумораи 14

№14 (738) 09.04.2014 13Саъдии Шерозии бузургвор

гуфтаанд, ки:Як захми забони

таънаомезБадтар зи њазор

ханљари тез.Љавонї аз неъматњои

бењтарини Худовандист, ки ба-рои инсон дар њаёт танњо як бор муяссар мегардад. Ин бањори зиндагиро шахси солимфикр ва дурандеш чун гавњараки чашм бояд эњтиёт намояд ва аз сама-раи он истифода барад, вале солњои охир дар љомеаи мо ба шавњар додани љавондухтарон афзоиш ёфтааст, ки оќибаташ дар бисёр мавридњо хонавай-ронист. Оилањои навбунёд ба душворињо рў ба рў гардида, роњи баромадан аз проблемаро намеёбанд ва дар натиља бисёре аз чунин оилањо ба зудї барњам мехўранд. Аксаран пас аз талоќ њаёти оворагию бесарусомонии љавонзанон оѓоз мешавад, онњо ба њар гуна корњои бадахлоќона аз ќабили бероњагї ва зарар ра-сонидан ба оилањои дигар даст зада, бањори умри худро хазон месозанд.

Аксари духтарони дењот ба хондан шавќу завќи беандоза доранд ва мехоњанд баъди хат-ми мактаби миёна тањсили ху-дро дар мактабњои олї идома дода, соњиби касбу ихтисос гар-данд, вале афсўс, ки волидайн барои амалї гардидани орзуњои духтаронашон монеа мешаванд. Волидайнро зарур аст, ки дух-таронашонро ба роњи илмомўзї њидоят кунанд ва сари таќдири ояндаи духтаронашон андеша намоянд, зеро фардо дер хоњад шуд.

Бењуда нагуфтаанд, ки агар модар босавод бошад, тамо-ми оила босавод мегардад. Бадбахтона имрўз мо ин нук-таи бисёр муњим- илмомўзиро фаромўш намуда, гўё аз рўи орзуву њавас духтарони ноболиѓро, ки аз нуќтаи наза-ри њуќуќию психологї нотайё-ранд ба шавњар медињем ва боре фикр намекунем, ки оё фарзандамон барои оиладорї намудан ва ба воя расонида-ну тарбия намудани фарзанд тайёр њаст ё не. Духтароне ки худашон ба таълиму тарбия муњтољанд чї гуна метаво-нанд оилаи солим бунёд на-муда фарзандони бомаърифа-тро ба камол расонанд?!

Бунёди оила дар зинда-гии инсон марњилаи таќдирсоз аст. Муњаббату садоќат, изза-ту њурмат, њисси масъулият ва сабру тоќат омилњое мебошанд, ки дар љодаи пуршебу фарози њаёти оилавї муносибати нек ва якдигарфањмии зану шавњарро таъмин намуда, њамзистии осо-иштаи онњоро бо хешовандон замина мегузоранд. Расидан ба саодати хонаводагї њарчанд дар назари аввал осон намояд њам, донишу фањмиш ва њунару малакаи муайянро металабад.

Духтар босаводу бомадани-ят ва нисбати шавњару хона-водаи шавњар мењрубон бошад, албатта соњибэњтиром ва хуш-бахт мешавад, вале сад афсўс, ки баъзе љавонзанони мо аз са-баби бесаводию гаправиашон шавњару хонаводаи шавњарро эњтиром накарда, баъд аз чанд моњи тўй хонавайрон мешаванд. Одатан баъди талоќ онњо ба ќадри бахт мерасанд, аммо он ваќт хеле дер мешавад. Барои ба чунин мушкилот рў ба рў нагаштан волидони домод дар ваќти «интихоби келин» бояд эњтиёткор бошанд ва аниќ на-моянд: духтаре, ки арўс шуда ба хонаашон меояд кист ва рафто-раш чї гунаю падару модараш кистанд. Зарро аз хокдони ба-ланд бигир гуфтани калонсолон бењуда нест. Хокдони баланд ба

м а ъ н и и хонадони маърифати баланд дошта аст, яъне келинро аз ои-лае бигир, ки маданияти воло доранд.

Занон ва љавонзанони азиз! Бадандеширо як сў гузоред. Хушбин ва хайрандеш бошед, зеро ин њаёт начандон тўлонист, ки онро сарфи зишткорию бадрафторї кунед.

Занњои азиз! Бањри таъмини оромии оилаатон ба рафтор ва гуфтори зишту нохуш чашмони худро нобино ва гўшатонро но-шунаво созед.

Зану шавњаре, ки дар як хона зиндагонї мекунанд ва ба як болин сар менињанд, бояд ба њамдигар њам эњтиром дошта бошанду њам якдигарро дўст до-ранд.

Бо изњори мењр ба шавњарони худ зиндагиятонро дилнишину зебо ва рангину гу-воро созед.

Оила аз дидгоњи ислом

Масъулияти занМардон њам бар занони

худ њуќуќњое доранд. Бахше аз њуќуќњои мард бар њамсараш.

1.Зан бояд дар тамоми корњо ба шавњараш итоат намояд. Ал-батта, корњое ки дар онњо но-фармонии Худованд набошад ва корњое, ки табу тавонаш бе-рун набошанд.

2.Зан бояд, мол, хона, номус ва њайсияти шавњарашро њифз намояд. Бе ризоият ва огоњии ў аз хона хориљ нашавад.

3.Зан дар сурати зарурат ва дархости шавњар њамроњи вай ба сафар биравад.

4.Зан бояд ба хостањои фитрї ва ниёзњои машруъи шавњар посухи мусбат дињад.

5.Ваќте шавњар дар хона њузур дошта бошад ва мусофир набошад, зан бе иљозати вай наметавонад рўзаи нафлї би-гирад.

6.Фарзандашро ба хубї тарбият намояд ва дар њузури шавњараш аз фарзандаш нороњат ва ѓазабонї нашавад. Онњоро дашном надињад ва дар њаќашон дуъои бад накунад, зеро ин корњо боиси нохушнудї ва ранљиши шавњараш меша-ванд.

7.Бо падару модар ва хешо-ну наздикони шавњар муноси-бати хуш кунад, зеро зане ки бо падару модар ва наздикони шавњараш муомилаи бад мена-мояд, дар њаќиќат ба шавњараш бадї кардааст.

Аз њадисњои Паёмбари ислом (С)

Мехоњед, ки Шуморо аз ама-ли бењтар аз рўза ва бењтар аз эњсон ва намоз огоњ намоям?

Эљоди сулњ байни ду тан.Хушбахт он зане, ки

шавњари накўкор, ботарбият ва таќводори худро пайравї меку-над ва хушбахт он марде, ки зављаи боиффат, хушахлоќ ва ба имони худро пайравї меку-над ва хушбахт хоњанд шуд он фарзандоне, ки аз чунин тарби-

яи нек бонасибанд.Вой бар њоли заноне, ки

шавњарони ѓамхори худро бегуноњ тўњмат мекунанд. Гоње дар оила љангу хархашањо аз масъалањои хурд сар меза-над, вале баъзе љавонзанони бесавод он хархашањои назар-ногирро чунон назаргир меку-нанд, ки кас аз шунидани ин беадолатињо ангушти њайрат мегазад.

Падару модарони азиз! Домодњоятонро чун писари худ азиз до-

ред. Ба ёд оред, ки замоне шумо низ до-мод ва наварўс будед ва баъзе душворињоро аз сар гузарон-дед. Пиндоред, ки домодатон мисли тифле ба шумоён ноз мекунад, падарвор ё модарвор сарашро сила намоед. Аз лут-фу мењрубонии худ ўро бебањра нагузоред. Бар он кўшед, ки хато ва корњои нодурусти до-модатонро ба ў нарму њалимона баён созед, то боиси озурдаги-

аш нагардад.Ба њар кори домодатон да-

холат накунед. Ба њар як масъ-алаи оилаи љавон дахолат кар-дани калонсолон, махсусан, падару модари зан метавонад сарчашмаи нофањмињои зиёд шавад.

Саъдии Шерозии бузургвор гуфтаанд:

Чу коре барояд ба лутфу хушї,

Чї њољат ба тундию гарданкашї.

Дар оиладорї яке аз хатоњои љиддї гуфтани суханњои но-шоям ва таънаомез дар бораи ањли хонаводаи шавњар аст.

Њамдигарро дўст доред ва эњтиром намоед. Ба Худован-ди бузург шукргузор бошед, ки Шуморо ба якдигар насиб гар-донидааст. Њамеша дуо кунед, ки Аллоњ Таъолоњ муњаббат ва њамдигарфањмиро бароятон ато фармояд. Њамзамон вазифаю масъулиятњои худро ба пуррагї ва аз тањти дил ба љо оред.

Духтар дар хона аз модараш ибрат мегирад, аз ин рў, њар як модар бояд дар масъалањои рўзгордорї, алалхусус, дар эњтироми шавњар ба духтараш намуна бошад.

Љавонзанони азиз! Ба гуфтањои шавњаронатон гўш дињед ва итоат намоед. Хоњишњояшонро иљро кунед. Эътироз ва зиддият нишон надињед. Кўшиш бар он кунед, ки муњаббат сардиро нашино-сад.

Зани хубу фармонбару порсо

Кунад марди дарвешро подшоњ.

Суханеро, ки боиси тањќири шавњар дар назди фарзандон, падару модар, ё хешовандон мегардад, њаргиз ба забон нао-ред. Сирри шавњаратонро фош накунед. Ифшои рози шавњар эътимоди ўро ба садоќату ва-фодории зан кам месозад ва ин муњаббатро коста мегардонад.

Шавњарро бо тамоми њастї иззату њурмат намоед. Мувофиќи ризоияти ў амал кунед, муњаббаташро зиёда

мегардонед. Зидди гуфтањои шавњар набароед.

Афсўс, ки баъзе аз љавонзанони имрўза барои оилаи солим бунёд кардан на аќл доранду на маданият. Аз њамин сабаб баъд аз чанд моњи зиндагонияшон аз шавњар људо мешаванд. Њастанд занони бо-маърифату бомаданияте, ки дар вазифањои гуногун бањри ободии Тољикистони азиза-мон хизматњои

бенињоят арзанда ва со-фдилона мекунанд ва дар оила низ њамсари мењрубону мода-ри бењтаринанд. Хуб мешуд, ки мардону занон дар пањлўи њамдигар истода, бањри ободии Тољикистони азизамон сањми ху-дашонро гузоранд ва дар такя ба њамдигар фарзандони боаќл, донишманд, хушахлоќ ва оян-дасози миллатро тарбият на-моянд.

Бобоев Орифљон Олимович

КАЛИДИ БАХТдар дас

ти

ЗАН АСТ

ё чї гуна

келинро бояд

интихоб кард?

Бунёди оила дар зин

дагии инсон марњилаи

таќдирсоз аст. Муњаббату

садоќат, иззату

њурмат, њисси масъулият

ва сабру тоќат

омилњое мебошанд, ки дар љодаи п

уршебу

фарози њаёти оилавї

муносибати нек ва

якдигарфањмии зану шавњарро таъмин

намуда, њамзистии осоиштаи онњоро бо

хешовандон замина мегузоранд

. Расидан

ба саодати хонавода

гї њарчанд дар наза

ри

аввал осон намояд њам, донишу фањмиш

ва њунару малакаи м

уайянро металабад.

МАВЗЎИ РЎЗ

Page 14: Шумораи 14

№14 (738) 09.04.2014 14 МАДАДИ СИНО

Бањор бо омаданаш табиатро аз хоб

бедор мекунад, вале нафароне њастанд, ки аз фарорасии ин фасли гулрезу гулбез

шод не, ѓамгин мешаванд. Ба њайрат наафтед, зеро ин «душманї» бењуда нест, бањор бо худ аллергияро меорад,

ки барои бархе азоби алим аст!

П о л и н о з - б е м о р и и кўњнашудаи аллергикиест, ки аз чанги растанињо пайдо ме-шавад. Нишонањои асосии ин беморї оби чашму бинї ва хориши чашм буда, дар баъзе њолатњо сулфа низ дида ме-шавад. Аллергияи растанигї модарзодї мешавад. Падару модар гирифтори поллиноз бошанд, хатари бемор тавал-луд шудани тифл 70% аст, агар яке аз волидон бемор бошад, ин хатар то 30% кам мешавад. Аслан дењаву кўњсорон пур аз гулу сабза мешаванд, вале поллиноз бештар дар одамони шањрї ба назар мерасад. Се давраи гулкунии гулу дарахтон боиси аллергия мешавад:

бањорї (апрел-май)-чанги дарахтони сафедор, чанор, чормаѓз ва ѓ.

тобистона (июн-июл)-њаворо чанги растанињои ѓалладонагї аз ќабили мятлик,

марѓ, љав пур месозад.т о б и с т о н а - т и р а м о њ ї

(август-сентябр)-явшон, шўра, амброзия месабзанд.

Нишонањои поллиноз ба бемории зуком монандї дорад. Фарќияти аллергия аз зуком дар он аст, ки њар сол дар як ваќти муайян пайдо мешавад. Аз со-ати 8 –субњ то нимрўзї хурўљи аллергия зиёд мешавад, чун-ки дар ин ваќт чанги растанї дар њаво зиёд аст. Бемориро табиби аллерголог-иммунолог бояд табобат намояд. Чанд роњи халосї аз поллиноз вуљуд дорад. Яке аз роњњои рањої аз поллиноз он аст, ки замони сабзидани дарахтон ба шањри дигар ё ба кўњистон сафар на-моед, вале на њар кас чунин имконият дорад. Барои ба ба-лои бади полиноз гирифтор на-шудан аз хона хеле кам ба бе-рун баромада ба тирезањо сет-ка кашед. Пардањоро мањкам кардан лозим аст. Њамарўза бо латтаи тар чанги хонаро тоза кунед. Кондитсионер ва њавотозакунак гузоред.

Айёми сабзидани дарахтон нафарони гирифтори аллергия бояд дар кўча сайругашт кар-данро кам кунанд, хусусан дар њавои гарму шамолї. Рафту ба кўча баромаданатон њатмї бо-шад, айнак, каллапўш ва куртаи остиндароз пўшед. Њангоми ба хона баргаштан чашму биниро бо об шуста, либосатонро иваз

ва оббозї кунед. Роњи дигари наљот аз аллергия истеъмоли доруворињои антигистаминї

аст. Ќатрадоруи ба бинї ё чашм чакондашуда таъсири полиноз-ро камтар месозад. Њангоми

хуруљи аллергия роњи ягонаи наљот табобати хуб аст. Дар баъзе мавридњо аэрозолњои њормониро тавсия медињанд. Доруворињое њастанд, ки ал-лергияро пешгирї менамо-янд. Истеъмоли ин доруњоро 2 њафта ќабл аз хурўљи аллергия сар карда, то тамом шудани ин давра идома медињанд.

Имрўз табобати бењтарини аллергия, аз љумла по-линоз иммунотерапияи аллергенспетсификї ба шу-мор меравад. Самаранокии ин навъи табобат 85% аст. Он на танњо бо нишонањои беморї, балки бо механизми беморї мубориза бурданро имкон медињад. Масунияти бадан ба аллергенњо мутобиќ меша-вад. Чунин тарзи табобат ба-рои ба шакли вазнин гузашта-ни беморї имкон намедињад, инчунин истеъмол намудани доруворї лозим намеояд.

Нодира

ДАВОИ АЛЛЕРГИЯ ЧИСТ?

Шумо ваќтњои охир фаромўшхотир шудаед?

Бењтараш фаромўшхотириро ба зудї рафъ намоед, вагарна оќибаташ нек нахоњад буд.

Имрўз ќариб њама аз фаромўшхотирї шиква меку-нанд. Зуд-зуд фаромўш кардани он ки телефонатонро дар куљо гузоштаед гапи дигар асту ба ёд оварда натавонистани воќеоти њафтаи ќаблї гапи дигар. Боз як нишонаи хатарнок, ки аз љиддї будани беморї далолат медињад, ин бо душворї дар калла нигоњ доштани хабари ба тозагї шунида аст.

Аксаран косташавии хотира бар асари беморињои зерин сар мезанад:

Љароњати сарЊар ќадаре љароњат вазнин

бошад њолати хотира низ њамон андоза бад мешавад, њангоми љароњати косахонаву маѓзи сар на танњо фаромўшхотирї, бал-ки гум шудани хотира (амне-зия) низ ба вуљуд меояд. Барои

рафъи ин њолат ба табиб невро-лог мурољиат кунед.

Халалёбии равонїЊангоми халалёбии равонї

хотира коста мегардад. Шах-си бемор ваќту соат, макон ва вазъиятро гум мекунад. Ба-рои ташхис бояд ба психиатр мурољиат намуд.

Атеросклерози рагњои маѓзи сар

Ваќте гардиши хун ба та-моми ќишрњои маѓзи сар коста мегардад, хотира суст мешавад. Дар баробари суст шудани хо-тира суст шудани диќќатнокї, дарди сар, асабоният ва хастагї низ дида мешавад. Ба-рои рафъи ин њолат аз таш-хиси невролог гузашта, барои муайян намудани холестерин хун бояд супурд. Рагњои маѓзи сарро ташхис кунед.

Диабети ќанд

Њангоми ин беморї рагњои хунгард дар азобанд: девори рагњои калон ѓафс шуда, рагњои хурд мањкам мешаванд. Дар натиља хун ба миќдори кофї ба маѓзи сар намерасад. Ташна-гии барзиёд, зуд-зуд пешобкунї, хушк шудани дањон ва узвњои љинсї, хастагї нишонањои њамин бемориянд. Ба назди та-биб эндокринолог рафта, барои муайян сохтани сатњи ќанд хун супоред.

Бемории Алсгеймер

Ин бемории табобатнаша-вандаи дегенеративии маѓзи сар аст. Њангоми ин беморї хотираву аќл беист заиф ме-гардад. Аксаран беморї баъ-ди 60-солагї пайдо шуда, њодисањои имрўзаро бемор фаромўш мекунаду њодисањои чандин сол ќаблро дар хотир нигтњ медорад. Дар сурати пай-до шудани ин беморї дарњол ба

невролог мурољиат кунед. Та-бобати бармањал боиси шифо ёфтани мариз мегардад.

Бемории ѓадуди сипаршакл

Бемории мазкур бо норасо-ии њормонњо-гипотиреоз, ки 65% аз об иборат аст, алоќамандї дорад. Дар баробари сустша-вии хотира бемор фарбењ ме-шавад, беќувватї, рўњафтодагї, асабоният, варам ва хастагии мушакњо дида мешавад.

Ба табиб эндокринолог мурољиат карда, барои муай-ян намудани сатњи њормонњои ѓадуди сипаршакл хун супоред ва дар њолати зарурї УЗИ кунед. Барои пешгирї намудани нора-соии йод намаки йоднокшуда, караму моњии бањрї, хурмо, па-нири сахт ва чормаѓро бештар истеъмол намоед.

ОстеохондрозДар сутунмуњра чурра (гры-

жа) пайдо шуда бошад, маѓзи сар низ бо хун хуб таъмин на-мегардад. Бар замми сустша-вии хотира, остеохондрози гардан њатто боиси инсулт низ мешавад. Нишонањояш дарди сар ва карахтшавии ангуштони даст аст. Барои рафъи беморї сутунмуњраро ташхис намуда, бо оббозї ва мањс машѓул ша-вед.

РўњафтодагїХавотирии бардавом хо-

тираро заиф мегардонад. Нишонањо он табъи нохуш, озурдагї ва одамгурезї аст. Ба-рои рафъи ин њолат ба равон-шинос мурољиат кунед.

ЧАРО ОДАМ ФАРОМЎШХОТИР МЕШАВАД?Ваќте гардиши

хун ба тамоми ќишрњои маѓзи сар коста мегардад, хотира суст мешавад. Дар баробари суст шудани хотира суст шудани диќќатнокї, дарди сар, асабоният ва хастагї ба вуљуд меояд.

ХАНДА ЊАМ ДОРУСТ...

Писарбачањои синфи 7 ба духтарони синфи паралел мак-туби ошиќона мефиристанд:

-Баъди дарс ба пушти мак-таб биёед, бўсобўсї мекунем.

Љавоб меояд:-Ин мактубатонро ба

духтарчањои синфи 1 фиристо-нед!

***-Модарљон, имрўз дар мак-

таб ба мо сўзандору гузарони-данд.

-Духтарљонам, гиря накардагистї- а?

-Не, оча, онњо маро дошта натавонистанд.

***-Чи хел мўйњоят љингилаи

хушрў!-Рањмат. Сањарї хеле зиёд

кўшиш кардам.-Ман гумон кардам, ки

мўйњоят модарзод љингилаянд.-Агар љингила мебуданд, он

гоњ росташон мекардам.***

-Духтур, мо бемор Саидовро аз даст додем!

-Ў вафот кард?-Не, сињат шуд.

***Дар боѓчаи бачагона мураб-

бия аз кўдакон мепурсад:-Духтарак номат чист?-Садбарг. Ваќти тифлиям

гули садбарг ба болоям афти-да буд.

-Номи ту чист?-Савсан. Ваќти тифлиям гули

савсан ба болоям афтида буд.-Номи ту чї писарак?-Яхдон…

***-Очаљон, муаллимаамон су-

пориш доданд, ки расми дар оянда кї шуданамонро каши-да барем. Ман намедонам чи хел расм кашам, чунки баъди мактаб ба шавњар баромадан мехоњам.

Айёми сабзидани

дарахтон нафарони гирифтори аллергия

бояд дар кўча сайругашт карданро кам кунанд,

хусусан дар њавои гарму шамолї. Рафту ба кўча баромаданатон њатмї

бошад, айнак, каллапўш ва куртаи остиндароз

пўшед.

Page 15: Шумораи 14

№14 (738) 09.04.2014 15ЗАН ВА МАРД

ШАВЊАРАМ ДАР НАЗАРАМ ХУК БАРИН МЕТОБАДДухтари зебою дилкаш ва

њунарманду хушахлоќам. Та-лабгорони зиёд доштам, вале назарам касеро намегирифт. Ба њар љавон албатта ягон айб монда, хостгоронро навмед гусел мекардам. Модарам аз нозу нузи ман љонбезор шуда, гоњо ба сарам дод зада ме-гуфт: «Барои чи ба њар бача айб мемонї? Интизорї, ки ягон рўз шоњзода хостгорї меояду келини подшоњ мешавї?! Ин ќадар нозу бозор накарда ягон каса бигир, ки оќибат пирдух-тар шуда мемонї!» Табассум-кунон модарамро оѓўш карда мегуфтам, ки ташвиш накашад, ягон гавњар бе харидор намон-дааст. Боварї доштам, ки ёри ягона ва бењтаринро њанўз во нахўрдаам ва умедњоям барбод наарафтанд, нињоят як рўзи зе-бои бањорї љавонеро во хўрдам, ки бо як нигоњ диламро рабуд. Мењрдодро бо як нигоњ писан-дидам, чунки ќаду ќомат, раф-тору гуфтор ва аќлу тамизаш њамон гунае буд, ки орзу ме-кардам. Ин љавони љиддї кор-ро кашол надода ба хонаамон хостгор фиристод ва бо дуои неки волидонамон мо чунон тўйи боњашамате оростем, ки њамаро ба њайрат гузошт. Хуш-бахттарин арўси олам будам он рўз, вале...

Хушбахтиам дер давом на-кард, пас аз бист рўзи арўсї њодисае рўй дод, ки тамоми зиндагии маро дигаргун на-муд. Шабе ташна монда ба ошхона обнўшї даромадам ва дар кунљи девор махлуќи бадњайбатеро дида дар љоям шах шуда мондам. Махлуќ ба одам монанд, вале тамоми ба-данаш пур аз пашм буд ва бо чашмони суп-сурхи оташбор ба ман менигарист. Фиѓони талхе кашида аз њуш рафтам. Ваќте ки ба худ омадам, аллакай дар рўйи кат хобида будам. Болои сарам пур аз одам, духтуре ба ман сўзандору мегузаронду мо-дарам чашмони аз гиря варами-даашро бо гўшаи ќарси сафе-даш пок мекард. Шавњарам дар поёни поям нишаста буд ва оби чашмашро бо рўймолча тоза ме-кард. Намедонам аз чи бошад, Мењрдоде, ки аз љонам бештар дўсташ медоштам, якбора ба назарам мисли хук баднамуд тофт ва рўямро гардондам, то рўяшро набинам. Носозгории ману шавњарам аз њамон рўз сар шуда то њол идома дорад. Мењрдод ягон айбу гуноњ надо-рад, љавони зебо, тоза, ширин-забон ва ѓамхор аст. Вай маро чунон эрка мекунад, ки њаваси хешу табор ва њамсояњо меояд, вале чи кунам, ки ман ўро бад

мебинам. Бад мебинам! Сабаби шавњарамро бад диданамро ху-дам њам намефањмам, Мењрдод ягон бор маро назадааст, даш-ном надодааст, хафа накар-дааст, аз осмон ситора хоњам, кўшиш мекунад, ки биёрад, вале ман ўро дўст дошта наметаво-нам. Ба дараљае бадаш меби-нам, ки аз дари хона дарояд, гумон мекунам нафасам меги-рад ва афтида мемирам. Кор ба љое расид, ки ману Мењрдод би-старамонро људо кардем. Шању арўси љавон аз њамдигар људо мехобем. Шавњарам аз дилсар-дию бемењрии ман сахт азоб ме-кашад, бечора аз алам њатто ду маротиба ќасди худкушї намуд. Дилам ба њолаш месўзад, вале худро маљбур карда, Мењрдодро дўст дошта наметавонам. Мењрдод ба ман наздик шавад, дарунам якбора мељўшад ва чу-нон башаст ўро тела мезанам, ки мисли тўбча ба гўшаи дигари хона мепарад. Ин ќадар ќувват дар ин лањзањо дар вуљуди ман аз куљо пайдо мешавад, наме-донам. Намехоњам хонавайрон шавам, вале эњсос мекунам, ки бинои зиндагиам торафт беш-тар фурў рафта истодааст. Ме-донам, ки дигар мисли Мењрдод љавони мењрубони ѓамхору боаќлро намеёбам, аммо чи кунам, ки ким-кадом ќувваи но-аён намегузорад шавњарамро дўст дорам. Илтимос, ба ман маслињат дињед.

Нигора, сокини ш. Душанбе.

Барои равшанї андохтан ба ин масъала мо бо зани ѓайбдон Шарофатбону њамсўњбат гаш-тем.

-Шарофатхон, магар бе ягон сабаб зану шавњаре, ки њамдигарро дўст дошта, издивољ намудаанд, аз њамдигар дилхунук меша-ванд?

-Мешаванд. Ман бо чунин њодисањо на як бору ду бор дучор гаштаам. Якбора, бе ягон љангу љанљолу хиёнат аз њамдигар дилсард шудани зану шавњар бо ду сабаб рўй медињад. Якумаш сењру љоду, яъне хунукї кардани бадхоњон ва дуюмаш љин ё парї дошта-ни зан ё шавњар. Нигора саба-би дилсардиашро дар номааш гуфтааст, вале худаш ба ин сарфањм намеравад.

-Яъне, њамон махлуќе, ки дида буд?

-Бале, њамон махлуќе, ки дид ё ба назараш намуд. Дар давраи чиллаи арўсї домо-ду арўс бояд танњо нагарданд, чунки зиён бештар дар њамин ваќт мерасад. Љину парињо ба зани нав таваллудкарда ва до-моду арўси бачилла часпидан ва хонавайрон карданро дўст медоранд, барои њамин 40 рўз сахт эњтиёт шудан лозим аст. Ман љавонмардеро медонам, ки дар синни 40 солагї бо духта-ри дўстдоштааш хонадор шуд, вале як њафта пас ќариб зана-шро талоќ дода буд. Парї дошт ва њамон махлуќи ба чашм ноа-ён зану шавњарро оромона зи-стан намемонд. Мард бе ягон сабаб зани љавону зебояшро чунон бад медид, ки намемонд њатто дар наздаш бишинад. Та-бобат кардем. Шукри худованд њоло мисли ширу ќаймоќ зинда-гии ширин доранд.

-Чаро љину парињо зану шавњарро аз њамдигар дилхунук меку-нанд?

-Аз рашк. -Магар онњо њам рашк до-

ранд?-Албатта доранд! Љини мо-

дина ба мард ё љини нарина ба зан ё духтар ошиќ шавад, на-мемонад, ки зан гирад ё шавњар кунад. Оиладор бошад, наме-монад, ки љуфташро дўст дорад. Љинњо њатто банд меандозанд ва дар натиља зану шавњар на-метавонанд њамболин шаванд. Љин аз рашк одамро девона ме-кунад.

-Биёед, љинњоро ба њолашон мемонему барме-гардем ба амалњои одамон, гуфтед, ки сабаби аввали аз њамдигар якбора дилхунук шудани зану шавњар сењру љодуст. Хунукиро бо чї меку-нанд?

-Бо њар роњ, бо тўмору таш-тоб, аз рўйи сурат, бо банду гирењ, дар хок… Дар хоки гўр дуои љоду хонда ба остонаи хона пошанд, зан ё мард дигар тоби ба остонаи хонааш ќадам нињоданро намекунад. Бо паш-

ми гурбаю саг љоду кунанд, зану шавњар дар чашми њамдигар мисли сагу хук бад метофтагї мешаванд. Љодугарњо њатто ќурбоќаю сангпушту калтака-лосро дар ин кори њаром исти-фода мебаранд.

-Кињо бештар даст ба

љодугарї мезананд? -Маъшуќањо барои аз худ

кардани мардњои зандору занњо барои аз даст надодани шавњаронашон назди љодугарњо мераванд. Яке гармї мекуна-ду дигаре хунукї, марди бечо-ра бошад, дар байни ду оташ монда саломатиашро аз даст медињад.

-Барои ба доми сењру љоду

наафтидан чи бояд кард? -Мардњо маъшуќабозї наку-

нанд, духтарњо бо мардњои зан-дор нагарданд олам гулистон мешавад, вале одамон барои роњати яклањзаина бо дасти ху-дашон ба сарашон бало мео-ранд.

-Марди љодушударо дубо-ра ба њамсараш дилгарм кар-да мешавад?

-Мешавад, агар сари ваќт банди сењу љодуро кушоянд. Љоду тоза шавад, чашми аќли мард ё зан кушода мешавад ва ба њамсараш муњаббат пайдо мекунаду зиндагиашон боз ши-рин мешавад.

-Љодукушої гуноњ нест?-Оилаи вайроншударо дубо-

ра ба созиш овардан, кўдаконро аз ятимї ва занњоро аз номи бади бевагї наљот додан, духтарњоро соњиби бахту тахт гардондан ва пеши кори инсон-ро кушодан магар гуноњ аст? Албатта не! Кушодани банди сењр кори савоб аст, вале њар кас аз ўњдааш намебарояд. Љодукушої бисёр кори мушкил аст.

Дар давраи

чиллаи арўсї домоду арўс

бояд танњо

нагарданд, чунки зи

ён бештар дар њамин

ваќт мерасад. Љину парињ

о ба зани нав

таваллудкарда ва д

омоду арўси бачилла

часпидан ва хонава

йрон карданро дўст

медоранд, барои њам

ин 40 рўз сахт эњти

ёт

шудан лозим аст.

Ба чунин њолати ногувор ќариб њамаи мардон гирифтор мешаванд. Мард

занро дўст медорад, вале раѓбаташ

мемирад.

Дар чунин њолатњо мард ба дањшат меояд. Аз шарму нотавонї девона мешавад. Мутахассисон ин њолатро дис-функсияи эректилї меноманд. Њалли ин мушкил ба синну соли мард вобастагї дорад.

Аз 18 то 20-солагїСабаб дар ташвишу

хавотирї аст. Душмани асосии ќувваи мардї стресс мебошад. Чунин мешавад, ки љавонмард дар бадани бонуяш ягон чизи ногањониро мебинад: холи ка-лон, шиками фарбењ, бўйи но-хуш ва ѓ…

Чї бояд кард?Пеш аз њама воњима на-

кунед, зеро роњи халосї вуљуд дорад. Ба камбудињои зан зиёд диќќат дода, худро тазйиќ надињед.

Аз 20 то 40-солагїШояд шумо гирифтори

стресс, рўњафтодагї, хаста-гии кўњна, асабоният ё аз бону норозї гашта бошед. Нора-соии эндокриннї (пастшавии сатњи њормони тестостерон) низ боиси гум шудани раѓбати мард мегардад.

Чї бояд кард?Натарсед. Аввалаш ин ки

шумо танњо нестед: мардони гирифтори ин иллат хеле зиё-данд. Баъдан, сабабро муайян созед, шояд сахт хаста шуда бошед. Барои ба худ омадан наѓзакак аз хоб сер кунед. Ха-

стагиятон кўњна шуда бошад, бењтараш ба рухсатї бароед. Мушкилот њар рўз ба миён ояд, аз табиби шањватшинос ва эн-

докринолог маслињат пурсед. Ба њар сурат, муњимаш он аст, ки ба воњима афтода мунтази-ри анљоми зиндагии мардона

нашавед. Фишорбаландї низ раѓбатро паст менамояд, би-нобар ин, худро эњтиёт кунед.

Аз 40 то 60-солагїСабаби гум шудани раѓбати

љинсї дар ин синну сол беморињо аст. Касалии ќанд, сатњи баланди холестерин дар хун, атеросклерози рагњо, беморињои ѓадуди сипаршакл, беморињои маѓзи тахтапушт ва маѓзи сар (инсулт, бемории Алсгеймер), љароњати миён –њамаи ин беморињо раѓбатро паст мекунанд. Истеъмоли баъзе намуди доруворињо низ раѓбатро мекушанд. Машру-боту сигор душмани ќувваи марданд.

Чї бояд кард?Аз ташхиси тиббї гузаред.

Бемор бошед, шояд сабаб дар доруворињоятон бошад. Ба табиб мурољиат кунед. Табиб мушкили шуморо осон меку-над.

ЧАРО РАЃБАТ ГУМ МЕШАВАД?

Page 16: Шумораи 14

№14 (738) 09.04.2014 16

Пешнињодњои худро тавассути телефони 238-53-35 ва почтаи электронии [email protected] ирсол намоед.Масъули сањифа

Cайфиддин Суннатї

ОИЛА ВА ИСЛОМ

Имом Бухорї аз Сањл ибни Саъд (р) ривоят менамояд, ки Расули Худо (с) фарму-данд: «Њар касе мобайни њар ду занах (яъне забон)-аш ва мобайни њар ду пояш (яъне, шармгоњ)-ашро аз њаром нигоњ дорад, ман барояш љаннатро кафолат медињам». Ин љо Ра-сули Худо (с) дар назар до-штанд, ки њар касе забонашро аз ѓайбат, дурўѓ, буњтон, фањш, дашном ва дигар суханони бо-тил нигоњ дошта, шармгоњашро аз бесатрї ва зино њифз на-мояд, барояш љаннат кафолат дода мешавад.

Абдуллоњ ибни Масъуд (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Дашном додани мусулмон фисќ аст (фосиќист) ва ќитол (љанг кар-дан) бо ў куфр аст».

Имом Бухорї аз Абўзари Ѓифорї (р) наќл мекунад, ки Расулуллоњ (с) фармуданд: «Касе шахсеро ба куфру фисќ нисбат медињад (яъне, касеро, «кофир» ё «фосиќ» мегўяд) дар њоле ки ў чунин набошад ин сухан ба худи гўянда бар-мегардад.

Имом Муслим аз Абуњурайра (р) ривоят мена-мояд, ки Расулуллоњ (с) фар-муданд чун марде бигўяд, ки «мардум њалок гардиданд» (яъне, ба сабаби амалњои ба-дашон дўзахї гардиданд) пас чунин шахс бештар мустањиќи дўзах мебошад. Зеро ба айбљўии дигарон машѓул шуда, худбинї кардааст».

Дини мубини ислом пайра-вонашро аз таърифи бењуда, хушомадгўї ва маддоњї манъ кардааст. Имом Муслим аз Миќдод (р) ривоят менамо-яд, ки њазрати Муњаммад (с) фармуданд: «Чун маддоњонро (касоне ки ба хотири тамаъ шахсеро таърифу ситоиш ме-кунанд) дидед, ба рўйњояшон хок пошед.

Дар њадиси дигар ба ри-вояти Имом Ањмад (р) ома-дааст: «Вой бар њоли касе ки ба хотири хандонидани мар-думон суханони дурўѓ мегўяд.

Вой бар вай! Вой бар вай!» Расули Худо (с) худ дурўѓ на-мегуфтанд ва дуруѓгўйро низ дўст намедоштанд. Ишон то пайѓамбар шуданашон низ ба ростгўиву сидќ машњур буданд. Аз ин рў мардум он њазратро бо тахаллуси Муњаммадул Амин (Боваринок, ростгўй) ёд мекарданд. Ишон тарѓиб мена-муданд, ки њар касе забонаш-ро аз ѓайбату суханони бад нигоњ дорад, сукут ёфтааст. «Касе сукут кунад (хомўширо пеша кунад) наљот ёфтааст. Яъне, нигоњдорандаи забон аз офатњои ду љањон эмин мемо-над.

Дар як њадиси мубораки Расули Худо (с) чунин таъкид шудааст: «Аз љумлаи њусни ис-ломи шахс (яъне, мусулмони нек буданаш) ин аст, ки вай суханони бењуда ва корњои бе-фоидаро тарк мекунад».

Имом Тирмизї аз Абдуллоњ ибни Аббос (р) ривоят ме-кунад, ки гуфт: Рўзе ридои мардеро шамол бардошт. Он шахс дар ѓазаб шуда, шамол-ро лаънат гуфт. Расули Худо (с) инро шунида фармуданд: «Шамолро лаънат магў, зеро шамол маъмур ба вазидан аст. Њар оина касе чизеро, ки ањли лаънат нест, лаънат фи-ристад, он лаънат ба худаш бармегардад».

Байњаќї аз Анас (р) риво-ят менамояд, ки Расулулоњ (с) фармуданд: «Каффорати ѓайбат ин аст, ки касеро ѓайбат намудаї барояш истиѓфор на-муда, чунин бигўї: «Аллоњум маѓфир лано ва лању» (Худоё, гуноњони мо ва ўро маѓфират кун).

Худои Таъоло дар оятњои 11-13 сураи «Њуљурат мефар-мояд: «Эй мусулмонон, мас-хара накунед гуруње гуруњи дигарро». Ин ояти карима дар њаќќи гуруње аз ќабилаи Тамим нозил шуда буд, ки мусулмо-нони фаќир монанди Суњайб ва Амор (разияллоњу анњумо)-ро тамасхур намуданд. Маъ-нои тамасхур паст задану њаќир шуморидан аст. Дар да-воми оят Худованд мефармо-яд: «Эњтимол аст, ки он гуруњ (назди Худо) бењтар бошад, (низ) тамасхур накунанд зано-ни дигарро. Эњтимол аст, ки он занон бењтар бошанд. Ва айб магиред дар байни худ. Яъне, айби њамдигарро маљўед ва якдигарро бад махонед… Њар ки тавба накард, ситамгор (зо-лим) аст. Њамчунин ба ањли хайр (одамони нек) гумони бад бурдан гуноњ аст. Аммо ба фосиќон гумони бад бурдан гуноњ нест. Зеро онњо ошкоро фосиќї мекунанд.

КАСЕ ЗАБОНРО НИГОЊ ДОШТ, БУРД КАРДИмом Муслим (р) аз

Абуњурайра (р) ривоят намуда наќл мекунад, ки рўзе Расули Худо (с) аз хонаашон берун шуда, бо Абўбакр (р) ва Умар (р) рў ба рў гардиданд. Расу-ли Акрам (с) аз ишон пурсид:-Чї шуморо дар ин соат аз хонањоятон берун кард?

Њазрати Абўбакру Умар (р) бо як овоз посух доданд:-Гуруснагї.

Расули Акрам (с) фармуданд:-Ќасам ба зоте, ки нафсам ба дасти ўст, маро низ он чї берун кардааст, ки шуморо аз хона берун карда-аст (яъне, ман низ гуруснаам) њамроњи ман биёед.

Њазрати Абўбакру Умар разияллоњу анњумо њамроњи Расулуллоњ (с) ба тарафи хо-наи ансорие равон шуданд. Он ансорї дар хона набуд. Њамсари ў ба Расулуллоњ (с) хитоб намуда гуфт:-Марњабо, хуш омадед!

Њазрати Муњаммад (с) дар куљо будани шавњарашро аз ў пурсон шуданд. Он зан гуфт:-Ба хотири соф кардани об рафтааст. Ин замон меояд.

Баъди чанд лањза соњибхона омада, ба Расулуллоњ (с) ва ёронаш назар карда гуфт:-Алњамдулиллоњ, ки имрўз касе аз ман мењмони гиромитар на-дорад.

Ў дарњол рафта як хўша хурмо оварда назди мењмонон гузошта гуфт:- То тайёр шуда-ни таом бо хурмо дањон ширин кунед.

Соњибхона кордро (бо маќсади забњи чорво) ба даст гирифта Расули Худо (с) ба ў таъкид намуданд:

-Аз куштани гўсфанди ширдењ њазар кун! (яъне гўсфанди баррачадорро забњ накун).

Ансорї гўсфандеро забњ намуда, ба мењмонони гиромиќадраш таоми лази-зе пухт. Мењмонон аз гўшти гўсфанду хурмо тановул кар-да, дар њаќќи соњибхона дуои нек намуданд. Расули Худо (с) ба ёрони худ гуфтанд:-Ќасам ба Худо, ки аз ин неъмат рўзи ќиёмат пурсида хоњед шуд. Шуморо гуруснагї аз хона бе-рун кард, то аз ин неъмат та-новул накардед, барнагаштед.

САХОВАТМАНДИИ АНСОРЇ

Абусаъиди Худрї (р) мефармояд, ки нафаре аз муњољирин бо Расули Худо (с) њољате дошт. Ў ирода намуд, ки бо Расулуллоњ (с) танњо мулоќот намуда, њољаташро баён кунад. Дар он ваќт Ра-сули Акрам (с) бо лашкар дар водии Батњо буд. Он њазрат (с) аз он љо шабона омада тавоф мекард, то он ваќте ки субњ мешуд. Сипас намози бом-додро адо менамуд. Шабе он њазрат (с) ба тавоф нарафт, то ки субњ дамид. Ваќте Расули Худо (с) бар шутури худ савор шуд, он муњољир аз пеши он њазрат (с) омада, лаљоми шутурро гирифта гуфт:-Ё Расулуллоњ (с), ба Шумо њољате дорам.

Расулуллоњ (с) ба ў гуфт:-Маро бигзор, њољатат пур-ра мешавад. Аммо он мард якравї намуда, инкор кард. Расули Худо (с) тарсид, ки

ўро аз рафтан (ба масљид ва адо кардани намози бомдод) бозме-дорад. Аз ин рў он

шахсро бо ќамчин аз худ дур намуд, то намози бомдодро дар ваќташ адо намояд. Баъ-ди адои намоз рўи мубораки худро ба сўи ќавм гардонида, пурсид:-Куљост он шахсе, ки сањаргоњон ман вайро задам?

Чун касе љавоб надод, Ра-сули Худо (с) дубора пурсид:

-Агар он шахс дар

ин љо

њ у з у р дошта бо-

шад, аз љояш хезад.

Он мард аз љои худ бархо-ста гуфт:-Аъузу биллоњи таъо-

ло сумма ба расулињи (паноњ мебарам ба Худованд баъд аз он ба расулаш).

Расули Худо (с) ба ў фармуданд:-Ба ман наздик шав! Он мард омада назди Расулуллоњ (с) нишаст. Ра-сули Худо (с) ќамчинро ба дасти ў дода гуфтанд:-Акнун интиќоми худро аз ман бигир!

Он мард гуфт:-Паноњ ме-талабам ба Худованд, ки ман аз Расули Худо (с) интиќом бигирам.

Чун Паёмбар (с) дид, ки он шахс аз интиќом гириф-тан худдорї мекунад, хоњиш

кард:-Пас маро авф кун. Он шахс ќамчинро ба

замин партофта, гуфт:-Ман шуморо авф кар-дам, ё Расулуллоњ (с)!

Расули Худо (с) фармуданд:-Аз Худо-

ванд битарсед! Як муъмин бар муъмини дигар зулм наку-над. Агар ин корро кард, рўзи ќиёмат аз вай интиќом (иваз, бадал) хоњад гирифт.

Дар њадиси дигари он њазрат (с) омадааст: «Мазлу-мон рўзи ќиёмат наљот хоњанд ёфт».

ХАВФИ РАСУЛИ ХУДО (С) АЗ ЗУЛМ

сули Акрам (с) бо лашкар дар водии Батњо буд. Он њазрат (с) аз он љо шабона омада тавоф мекард, то он ваќте ки субњ мешуд. Сипас намози бом-додро адо менамуд.

ки субњ дамид. Ваќте Расули Худо (с) бар шутури худ савор шуд, он муњољир аз пеши он њазрат (с) омада, лаљоми шутурро гирифта гуфт:-Ё Расулуллоњ (с), ба Шумо

Расулуллоњ (с) ба ў гуфт:-Маро бигзор, њољатат пур-ра мешавад. Аммо он мард якравї намуда, инкор кард. Расули Худо (с) тарсид, ки

ўро аз рафтан (ба масљид ва адо кардани намози

Чун касе љавоб надод, Ра-сули Худо (с) дубора пурсид:

-Агар он шахс дар

ин љо

њ у з у р дошта бо-

шад, аз љояш хезад.

сули Худо (с) ќамчинро ба дасти ў дода гуфтанд:-Акнун интиќоми худро аз ман бигир!

Он мард гуфт:-Паноњ ме-талабам ба Худованд, ки ман аз Расули Худо (с) интиќом бигирам.

Чун Паёмбар (с) дид, ки он шахс аз интиќом гириф-тан худдорї мекунад, хоњиш

кард:-Пас маро авф кун.

ванд битарсед! Як муъмин бар муъмини дигар зулм наку-над. Агар ин корро кард, рўзи ќиёмат аз вай интиќом (иваз, бадал) хоњад гирифт.

Дар њадиси дигари он њазрат (с) омадааст: «Мазлу-

Наќл аст, ки Луќмони Њаким ба писараш фармуд:

-Њар гоњ дидї, ки мардум ба љињати зикри Худо гирд ома-даанд, ту низ ба онњо биншин. Агар олим бошї, илмат баро-ят фоида хоњад расонид. Агар нодон бошї, онњо ба ту чизеро хоњанд омўхт. Имкон дорад, ки Худованди Карим ба онњо бо назари рањмат бингараду ба ту низ аз он њисса бирасад. Њар гоњ мардумро дидї, ки дар зикри Худои Таъоло машѓул нестанд, аз њамнишинї ба онњо гурез. Зеро агар олим бошї илмат ба ту фоидае на-мерасонад. Агар љоњил бошї, саркашиат зиёдтар хоњад шуд. Мумкин аст, ки Худованд ба сўи онњо назари норизоиятї кунаду ту њам ба он мубтало хоњї шуд.

Абусаъиди Худрї (р) наќл мекунад, ки Расули Худо (с) фармудааст, ки баъзе аз фариштањои Худованди Ка-рим њастанд, ки ба рўи замин мегарданд. Њар гоњ маљлисеро дарёбанд ки дар он зикри Худо мешавад, якдигарро овоз медињанд: «Биёед, мат-луби шумо ин љост». Пас тамо-ми онњо омада, дар атрофи он њалќаи зикр менишинанд. Њар гоњ фариштањо ба осмон ме-раванд, Худованд бо вуљуди

огоњ будан аз њоли бандагон аз онњо мепурсад: «Бандагони маро дар кадом њол танњо гу-зоштед»?

Фариштагон мегўянд:-Худовандо, бандагонат зоти поки туро њамду ситоиш ме-карданд.

Худованд мепурсад:-Онњо чї талабу муддао доранд?

Фариштагон мегўянд:-Бандагонат таманнои љаннат мекунанд.

Аллоњ Таъоло хитоб мекунад:-Оё онњо љаннатро дидаанд?

Фариштагон љавоб медињанд:-Не!

Худованд боз мепурсад:-Агар љаннатро бубинанд, њоли онњо чї мешавад?

Фариштагон мегўянд:-Агар љаннатро бубинанд, боз хоњиши онњо барои дохил шу-дан ба љаннат бештар хоњад шуд.

Худованд мепурсад:-Бандагонам аз чї паноњ мехоњанд?

Фариштагон арз мекунанд:-Аз дўзах.

Худованд аз онњо суол мекунад:-Оё онњо дузахро ди-даанд?

Фариштагон мегўянд:-Не.Худованд мепурсад:-Агар

дўзахро бубинанд, њоли онњо

ФАЗИЛАТИ МАЉОЛИСИ ИЛМЇ

Page 17: Шумораи 14

№14 (738) 09.04.2014 17НАХОД?!

Пешнињодњои худро бо тел: 238-53-35 ва почтаи электронии [email protected] ирсол намоед.Масъули сањифа Нодира Раљабова

ТЎЙ ПЕШ АЗ МАРГЉим Зети 62-сола аз Калифорния гириф-тори саратони ѓадуди зери меъда шуданаш-ро фањмида ба дањшат афтод. Орзуи ягонаи мўйсафед дар тўйи арўсии духтари ягонааш иштирок намудан буд, вале духтараш нав ба синни 11 ќадам менињад. Аз тарси он ки то замони болоѓати духтараш зинда на-мемонад, мўйсафед барои духтараш тўйи хурдакак барпо намуд, то фарзандашро бо куртаи арўсї бубинаду бо дили беормон ин дунёро тарк намояд.

РАСМКАШЇ

БО ЗАБОНАни К ном сокини Њиндустон бо за-

бонаш расм мекашад. Бо истифодаи забон

рассоми њинд беш аз њазор расмвора кашидааст,

аз љумла репродуксияи думетраи рассоми машњур

Леонардо да Винчи «Шоми пурасрор»-ро низ. Ин марди

35-сола аз иёлоти Кирала бо забонаш рангро ги-

рифта ба коѓаз мемолад. Барои њар як расмвора

Ани се-чор рўзро сарф мекунад. Бо вуљуди

душворињои касбаш Ани мехоњад бо ис-

тифодаи дасту пойњояш якбора чор

расмвора кашад. САЧОЌЊОИ БАХТОВАР

Антония Козакова аз Словакия 62757 дона сачоќ љамъ карда, ба китоби рекордњо дохил шуд. Арзиши коллек-сияи сачоќњо таќрибан ним миллион доллар арзёбї гар-дидааст. Дар давоми 16 сол аз тамоми кунљу канорњои љањон сачоќ љамъ карда, Антония бори чорум ба кито-

би рекордњо дохил гардидааст.

МАРДИ ХИШТХЎР

Њиндуи 30-сола Пакираппа Хунагун-

ди гирифтори бемории аљиб гаштааст. Ў ба

ѓайр аз хишту хок ва сангреза чизи дигареро

хўрда наметавонад. Ин дард аз 10 солагиаш ба

Пакираппа ёр шуда буд. Барои ќаноатманд шу-

дани меъдааш ин марди аљиб дар як шабонарўз

се килограмм хок ва як хишт мехўрад. Ба

аќидаи табибон Пакираппа гирифтори бе-

мории пайкэ гаштааст. Бо вуљуди чунин

«хўрок»-и ѓалатї хўрданаш дандонњои

марди њинду сињату боќувватанд.

ГУРБАИ ПОЙЊОЯШ СУНЪЇГурбаи дусола –Оскар соли гузашта ба ком-байни гандумдаравї афтода аз ду пояш мањрум шуд. Профессор Ноэл Фитспатрик ба пойњои гур-ба протезњои бионикї васл намуд. Баъди чор моњ гурба роњ гаштанро бо пойњои сунъї омўхт. Му-тахассисон мўътаќиданд, ки њодисаи мазкур ба рушди ортопедия таъсири мусбї хоњад расонд.

ПИРАЗАНИ ВАЗНБАРДОР

Дар синни 97-солагї Эдна (насабаш маълум нест) аз шањраки Скоттсдейл дар

Аризона ќањрамони видеороликњои бешу-мор гаштааст. Ин бонуи дарозумр ба синну солаш нигоњ накарда ба толори варзишї

мераваду бо вазнбардорї машѓул ме-шавад. Сабаби дарозумрияшро Эдна

дар њамин машќњои љисмонї ме-донад.

ЗЕБОСАНАМИ ОЊАНРАБО

Косметологи 32-сола аз До-нетск Юлия Чубар асбобњои ош-хона, калид, болѓа ва дарзмол-ро дар баданаш нигоњ дошта метавонад. Мегўяд, ки майдони биомагнитияш пурзўр аст ва бо кайњон алоќаи хуб дорад. Юлия ашёњои оњанинро аз 12-солагї ба худ љалб менамуд. Минбаъд дух-тар-магнит истеъдодашро барои табобати одамон истифода бур-дан мехоњад. Биоэнергетик Ста-нислав Кучеренко бар он аќида аст, ки нафарони мисли Юлия захирањои љисмашонро пурра ис-тифода мебаранд. Мутахассиси дигар аз Донетск Борис Бешевли мўътаќид аст, ки падидаи мазкур бо магнитизм алоќамандї надо-рад. Олимон њодисањоеро ба ќайд гирифтаанд, ки њатто пластик, шиша ва коѓаз низ ба пўсти инсон мечаспанд.

ПЎСТИ БАДАН ДАР

ФУРЎШШањрванди 41-солаи Варшава Артур

Лерозовски дар интернет-ауксиони Еbау

пўсти баданашро ба фурўш гузоштааст. Гап

сари он аст, ки 90% љисми мард бо холкўбї

пур шудаасту Артур мехоњад пўсташро баъди

маргаш њамчун ќолинча истифода буба-

ранд. Ў пўсти баданашро яке аз чармњои

нармтарини рўйи замин муаррифї

намуда, дар поёни матн расми

урёнашро љой додааст, ки ба

паланг монанд аст.

ПЎСТИН АЗ МЎЙИ МАРД

Ба дизайнерони аврупої 200

соат лозим омад, то ки аз мўйи

ќафаси синаи мардон пўстин

дўхта бо нархи 3900 доллар ба

фурўш бароранд. Пўстинро дар

аксияи тарѓиботии як ширка-

ти англисї, ки бо истењсоли

шир машѓул аст, истифо-

да бурданд.

ГУЛИ ЌОЌУ ДАР

ГЎШТабибони хитої шоњиди њодисаи аљиб шуданд: ба

беморхона духтарчаеро оварданд, ки дар гўшаш гули ќоќу сабзидааст. Модари духтарак ба рўзноманигорон наќл кар-дааст, ки чанде ќабл гўши духтарчаи 16-моњааш ба хориш даромада, тифлак орому ќарор гум кардааст. Табибон дар сўрохии гўши кўдак тухми сабзидаи ќоќуро ба андозаи

ду сантиметр пайдо намуданд. Тавре маълум шуд, ќоќу дар гўши кўдак чор моњ сабзидааст. Табибон

мегўянд, ки агар решаи растанї ба маѓзи сари кўдак рафта мерасид, ба саломатиаш

зарари љиддї мерасид.

Page 18: Шумораи 14

№14 (738) 09.04.2014 18 ШАНС

Аз моњи январи соли 2000-ум нашр мешавад. Дар Вазорати Фарњанги ЉТ тањти №507 ба ќайд гирифта шудааст. Њафтанома ба хотири риояи гуногунандешї маводеро низ ба табъ мерасонад, ки хилофи назараш аст. Ба мазмун ва санаду раќамњои маводи чопшуда муал-лифон љавобгаранд. Сурату мусаввадањо ба муаллифонашон баргардонида намешаванд.

Дар матбааи «МЕГА-ПРИНТ» чоп шудааст. Сањифабанд: Гулнисои ЊИКМАТУЛЛО Мусањњењ: Нодира РАЉАБОВА Теъдод 15000

Суроѓаи мо:734018, шањри Душанбе, хиё-

бони Саъдии Шерозї, 16.Тел: 238-53-35, Дафтари хабаргузорї дар

вилояти Суѓд: ш.Хуљанд кўчаи Камоли Хуљандї 114, хонаи 15. Тел:6-75-23 , 92-730-06-50

E-mail: [email protected]

Њафтаномаи оммавї-маърифатї

Сармуњаррир:

Фирўза Сатторї

ИНЊО БАХТ МЕЉЎЯНД:

Диќќат! Диќќат! Диќќат!

МАЊФИЛИ ШИНОСОИИ "Лайлию Маљнун"

Хонандагони азизи «Оила»! Шумо њоло њам дар ёфтани љуфти муносиб мушкилї ме-

кашед? Дар бунёди оила љиддиеду аммо дар мондани ќадами аввалин бањри соњиби бахт шудан устувор нестед? Аз танњої азият мекашед?

Мо мушкилии шуморо осон хоњем кард! Аз моњи декабри соли 2013 сар карда, Шумо метавонед бо

шиноснома ва як дона аксатон ба идораи «Оила» омада бахта-тонро ёбед. Агар роњ дурї кунаду омада натавонед

тариќи ММС акси худро ба раќами 935606505, 238-53-35 ирсол намоед ва тариќи СМС- ба

раќами 7777 дархост фиристед! Мањфили шиносоии «Лайлию Маљнун» ба

Шумо дар ёфтани бахт ёрї мерасонед. Бахтатонро аз даст надињед!

Мањфили шиносоии «Лайлию Маљнун» барои он шахсоне, ки мехоњанд бахти худро пайдо кунанд, кўмак мерасонад.

Намуна барои фиристонидани СМС: Оила «Лайлию Маљнун». Ман Салимова Омина, 35-сол дорам, мехоњам

тавассути мањфили «Лайлию Маљнун» бахти худро дарёбам. Бо марди то 45-солаи љиддї ва соњиби љои кору манзил оила барпо карданї њастам.

"Лайлию Маљнун""Лайлию Маљнун"Хонандагони азизи «Оила»!

тариќи ММС акси худро ба раќами 935606505, 238-53-35 ирсол намоед ва тариќи СМС- ба

Оила «Лайлию Маљнун». Ман Салимова Омина, 35-сол дорам, мехоњам тавассути мањфили «Лайлию Маљнун» бахти худро дарёбам. Бо марди то 45-солаи љиддї ва соњиби љои кору манзил оила барпо карданї њаст

• З.24. Зебосанами исфарагї мехоњад бахти худро пайдо ку-над. Љавоне бошад, ки намоз-хон ва соњиби кору манзил.

• З.25. Зани 42-сола. Бахти аввал ба рўяш нахандидааст. Бо марди то 55-солаи имондор оиладор шудан мехоњад.

• Д.28. Духтари 24- сола. Сокини шањри Истаравшан. Бо љавони то 30-сола оиладор шу-дан мехоњад.

• Д.50. Духтар. Муаллимаи мактаб мебошад. Маълумоти олї дорад. Бо љавони то 47-сола оиладор шудан мехоњад.

• М.40. Љавонмарди зебо, соњиби манзил ва љои кор. Зо-даи ноњияи Мир Саид Алии Њамадонї аст. Мехоњад бахти худро пайдо кунад. Бахти аввал ба рўяш нахандидааст.

• Д.49. Духтари 34-сола. Со-кини ноњияи Вањдат. Маъюби гуруњи 2. Бо марди то 42-солаи боимон ва соњиби хонаву љои кор оиладор шудан мехоњад. Мард агар маъюб бошад њам

ќабул дорад.• М.36.Љавонмарди зебои

ќоматбаланд, соњиби манзил ва љои кор аст. Зодаи вилояти Суѓд. З6-сол дорад. Бахти аввал ба рўяш нахандидааст. Мехоњад бо зан ва духтари то 30-сола оила бунёд кунад.

• М.37. Марди 53-солаи исфарагї. Бо зани то 45-сола оила бунёд кардан мехоњад. Соњиби манзил ва љои кор ме-бошад.

• З.32. Љавонзани 34-солаи суѓдї. Бахти аввал ба рўяш на-хандидааст. Мехоњад бо марде оила бунёд карда соњиби фар-занд гардад.

• З.34. Љавонзани 28-сола. Сокини шањри Душанбе. Бахти аввал ба рўяш нахандидааст. Бо марди то37-сола оила бунёд кардан мехоњад.

• З. 35. Зани 34-сола. Њољигї

насибаш гардидааст. Бахти ав-вал ба рўяш нахандидааст. Бо марди то 43-солаи боимон ои-ладор шудан мехоњад.

• З.36. Зани 50-солаи танњо. Сокини шањри Душанбе. Бо марди безани то 65-сола оила-дор шудан мехоњад.

• М.1.Љавонмарди 42-сола, сокини шањри Душанбе, занаш вафот карда аст. Соњиби ман-зил ва љои кор . Бо духтар ва зани боимон оила бунёд кардан мехоњад.

• М.2. Марди 36-сола, аз њамсараш људо шудааст. Соњиби љои кор ва манзил бо духтари то 30-сола оила бунёд кардан мехоњад.

• М.7. Марди 32-сола . Бах-ти аввал ба рўяш нахандида-аст. Соњиби хона ва љои кор. Бо духтари то 28-сола оила бунёд кардан мехоњад.

Эълон! Эълон! Эълон! Ќабули эълонњо бо телефони (44) 640-99-88

Мефурўшам

Таълим

• Њавлии навсохти иборат аз 3 дар хона ва 6 сотих за-минро дар ноњияи Рўдакї фавран мефурўшам ё бо хо-наи 2 њуљрагї иваз мекунам.

Тел: 93-528-11-29

Мехарам

Салом ба мураттибону хонандагони

њафтаномаи мањбуб «Оила»! Ман собиќ

аъзои мањфили «Шанс» -Р.А. аз ноњияи Њисор

мебошам.Мањз њамин мањфил сабаб

гардид, ки ман «Оила»-хон шавам. Гап ин ки ду сол ќабл њамсарам даргузашта, бо 6 фар-занд бе модари хонадон мондем. Аз фарзандон 5 нафарашонро њамроњи рањматї њамсарам ои-ладор карда будему њам ман ва њам 1 фарзанди рўи хона мон-да, ниёз ба дасти шафќати мо-дар ва зани мењрубон доштем. Душвор гардид зиндагиамон бе кадбонуи хона. Моњњо рафтанд. Соли рањматии њамсарамро додем. Фарзандонам маро ба оиладоршавї ташвиќ менаму-данд. Медонистам, ба ман зане лозим, ки дар барам истаду ба-рои ба шавњар додани духтари калонам кўмакам кунад. Келинњо бо хоњаронам як шуда аз паи љустуљўи њамсари мувофиќ гар-диданд, аммо мушкилоти хона-водагиамро фањмида касе ба оиладоршавї бо ман розигї на-медод.

Боре келинам ќиссаеро бо номи «Мамарозаро худо зад» аз њафтаномаи «Оила» хонда маз-мунашро наќл карду гуфт, ки он давомдор аст ва пас аз як њафта боз «Оила»-ро мехараду давоми ќиссаро мехонад. Мазмуни ќисса хеле шавќовар буд, аз ин рў рўзи чоршанбеи омада «Оила»-ро ху-дам аз дўкон харида ба хона бурдам. Келинам ба љое рафта будааст. Маътали омаданаш на-шуда «Оила»-ро вараќ задаму баногоњ чашмам ба сањифаи «Шанс» афтод. Онро пурра аз

назар гузаронида, арзњои мин-натдории як нафар марди калон-соли кулобї ва духтараки бах-тёфтаро хондам. Сатрњои пур аз мењрро мехондаму оташаке дар ќаъри ќалбам шўъла мезад. Азм кардам, ки ба «Оила» мурољиат мекунам. Гўширо гирифта ба сањифаи СМС-њо даромада ба 7777 СМС фиристодам. Матнам кўтоњак буд: «Марди занмурдаи 60- сола. Чароѓи хонадонамро мељўям». Баъди њафтае ба те-лефони њамроњам симзанї оѓоз ёфт. Масъули «Шанс» раќами телефони чанд занро дод. Мо бо њам вомехўрдем. Аз байни занон якеро пазируфтам. Телефонї гуфтугў намуда вазъиятам-ро пурра фањмонидам. Зани оќила, ки њаст аз рўи шафќат ба издивољ розигї дод. Чанд рўз муќаддам аќди никоњ бастему дар тараддуди ќабули хостго-рони духтарам шудем. Онњо, ки мувофиќи маслињати пешаки-амон то оиладор шудани ман сабр карда буданд, ба хостгории духтарам омаданд. Ваќт кам буд. Њамсарам худро гум накарда, та-вассути кордонию даќиќназарї таноби корњоро ба даст гирифт. Дар тўй ошпазу нонпаз худаш буд. Њис кардам, ки ў сарфако-ру сариштакор аст. Аз њамсарам ќаноатмандам. Ба наздикї дух-тарамро талбон мекунем. Бо риояи танзим ба ин маъракаи бошукўњ тайёрии пухта мебинем. Аз «Оила» хеле ва хеле миннат-дорам. Рањмат ба саркардањо ва кормандонаш!

Иќрор мешавам, ки аз њамон рўзи нек инљониб «Оила»-ро мут-тасил мехонам. «Оила» њафтае як маротиба азизтарин мењмони хонадонам мегардад.

Бори дигар ташаккур!

«ОИЛА»-ХОН ШУДАМУ ЗАН ЁФТАМ

4-њуљрагї• 4-њуљрагї, мањ. 102, кўчаи

Мањмадиев 44, њ 74, нархаш 60000 в.ш., тел: 919-43-43-08

Њавлињо• Њавлї, 4 дар хона, 5 со-

тих замин, ошхона, њаммом, таъмираш олї, об, барќ доимї, љамоати Ќиблаї, 46.000 в.ш. Тел. 93-403-33-81, 907-97-34-72

Саломатї

• Саломатї пешнињод ме-намоем. Тел. 919-06-86-88

• Мањс танњо барои бону-вон ва кўдакон. Тел. 918-17-77-19

• Дармонгоњи эндоурологї хизматрасонињои зеринро ба таври касбї пешнињод меку-над: майдакунии эндоскопии санги гурда ва роњњои пе-шоброн, тур-оденомаи про-стата, тур омоси пешобдон, љарроњии пластики гурда ва

роњњои пешоброн. Љарроњї њангоми пешобро дошта ната-вонистани бонувон. Тел. 918-74-72-30, 919-39-44-98

• 4 намуди мањс: умумї, урологї, таскинбахш, барои тамоми синну сол.

Тел. 985-43-47-49

• Афтонидани санги гур-да, талха, беморихои сар-дард, дил, пуст, бароварда-ни зиён, тарс, кушодани бахт, безурётї, кўдако почакашон фалаљ, саръ (припадки), аз нашъа ва араќ мегардонем ва ѓайра. Тел. 917-74-44-00, 915-60-86-00, Раъно

• Мактаби техники љумњуриявї (ДОСААФ) хоњишмандонро ба курсњои ронандагї аз рўйи категорияи

"В, С, ВС, Д ва Е" бо нархи арзон ва дар муддати кўтоњ даъват мекунад. Тел. 918-44-14-54

• Кор пешнињод менамоем. Тел. 919-06-8688

• Клиникаи эндоурология, табибони ботаљрибаи уролог ва њамширањои љарроњиро ба кор даъват мекунад. Тел. 937-35-84-55

• Нишони сарисинагї, зар-фи нуќрагин, тилло, нуќра, тил-лои сафед, њайкалчањо, бозори Шоњмансур, дорухонаи «Экс-пресс».Тел. 93-504-03-72 Эътибор надорад

• Шиносномаи тањти раќами А 4089648, ки ОВД-и ноњияи Тавилдара 22.01.2007 ба Ёро-ва Хатича Абдуќодировна, соли таваллудаш 10.11.1998, додаст, аз эътибор соќит до-ниста шавад.

Зодрўз муборак Бењрўз Шукруллоев!

Шуморо бо љашни фар-хундаи зодрўзатон табрику тањният гуфта, аз даргоњи яз-дони пок ба шумо тансињатї, умри бардавом, сарфарозї ва хушбахтињои оламро таманно мекунем.

Фаќат бошад табассум дар лабатон,

Илоњо, дард набинад љисму љонатон.

Расад сад сол умратонро бањорон,

Умеду орзу бинед умре хандон.

Ањли эљоди «Оила»

Хизматрасонї

Ниёз дорем

Зодрўз муборак, Абўбакри Эмомалї!

Туро ба муносибати мавлу-ди накўят табрику муборакбод намуда, бароят умри дароз, сињативу саломатї ва бахту толеи накўро аз даргоњи Худо-ванди муттаъол орзумандем. Бигзор њамеша парвози балан-ди зиндагї ва ширинињои њаёт насибат бошад!Мавлуди ту ифтихор

аст моро,Табрик барои ту њазор

аст моро.Бар сад бирасу бахт бубин,Шодии дили ту иќбол аст

моро,Бо дуо Моњрухсор

аст моро,

аст моро.

моро,Бо дуо Моњрухсор

Page 19: Шумораи 14

№14 (738) 09.04.2014 19САРНАВИШТЊОИ ЃАМАНГЕЗ

(Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта.)

Хоњар гуфтани Сафо Нисо-ро дилпур намуд ва бо аломати тасдиќ сар љумбонд. Ронандаи калонсол даст афшонида таъкид намуд:

-Духтарам, аз ин гург эњтиёт шав!

Онњо љониби мошин равон шуданд. Мўйсафеди ронанда аз пасашон фарёз зад:

-Сафо, агар ягон гап шунавам, пеш аз Абдулло худам саратро чумчуќ барин меканам!

Сафо мотори мошинро ба кор дароварда, ба якборагї газ-ро пахш кард. Мошин мисли бабр аз љояш ба пеш љањид. Мардуми атроф, ки сабаби ѓазаби ронан-даро намедонистанд, Сафоро дашном доданд, ки биниаш ос-монро мехарошаду фикри љони одамони дар атроф бударо на-мекунад. Пас аз он, ки чойхона аз назар нопадид гашт, Сафо бо табассум љониби Нисо нигариста гуфт:

-Ин пирхари дилсиёњ њамаро худаш гумон мекунад. Мўйсафеди такариш худашро мусулмон ме-гираду чунон корњоро мекунад, ки њатто шайтон дар њайрат мемо-над. Боре чунон шарманда шуда буд, ки то њол аз ёди мардум нарафтааст. Дар база шофёрњо мазоќаш мекунанд.

Нисо мехост фањмад, ки ин марди дар назар бисёр худотарс чи кори бад карда шарманда шудааст. Сафо мароќ зоњир на-мудани духтарро дида, дарњол њодисаи ба сари худаш омадаро ба гардани мўйсафеди бегуноњ бор карда гуфт:

-Ин пирхар худша марди поки намозхон мегирифт, лекин як рамазон шарманда шуд. Мо, шофёрњо маслињат кардем, ки як бор таќводориша месанљем, барои он, ки бачањои рўза на-мегирифтагия кофир мегуфт. Русдухтари кассире доштем, бо њамон маслињат карда гуф-тем, ки агар њамин мўйсафеда ба дом афтонї, њар кадомамон 100 сумї метием. Духтари кас-сир розї шуд. Рўзи дигар бо як бањона кассира дар мошини мах-сум шинонда гусел кардем. Ба Файзобод мерасанд, ки ваќти на-мози пешин мешавад. Махсум духтара аз мошин фароварда мегўяд, ки ту ягон хўрок хўрда шикамта сер кун, ман намози пешина мехонам. Духтар баъди намоз дар мошин бо њар бањона ба зонуи махсум даст мезанад ва њамин хел њиссиёти мардиша баланд месозад. Махсум дигар тоќат накарда таклиф мекунад, ки дар ягон љо дам гиранд. Дух-тар розї мешавад. Ба васвасаи шайтон дода шуда махсум моши-на ба як љойи хилват меронаду кўрпачаро болои сабзањо пар-тофта духтарро таклиф мекунад. Духтар мегўяд: «Магар шумо, мусулмонњо дар рамазон аз чу-нин корњо парњез намекунед?!» Махсум як табассум карда, дух-тарро болои сабзањо меѓелонад ва «рамазонаю чум, чи меша» гўён, њарисона либосњоша мека-шад. Ин дам чанд ронанда дар болои сарашон пайдо шуда, ба њоли махсум хуб механданд. Аз њамон ваќт ин мўйсафед лаќаби «Рамазонаю чум»-ро гирифт.

Нисо наќли Сафоро шунида аз тањти дил хандид. Рањорањ Сафо њар замон «рамазонаю чум» гуфта, Нисоро ба ваљд ме-овард ва ќасдан мошинро бо роњњои ноњамвор меронд, то њангоми ин бардорузани мошин бозуи духтар ба китфаш расад. Њамин тавр њазлу шўхикунон таќрибан соатњои дањи шаб ба Душанбе расиданд. Сафо Ни-соро то ба назди хонаи аммааш бурда монд. Маслињат карданд, ки рўзи дигар њамроњ ба дења бармегарданд.

Нисо ба атроф чашм давон-да дид, ки ду духтари амааш њамроњи духтарњои њамсояашон дар кўча сайругашт доранд. Нисо назди аммадухтарњояш рафта салом дод. Хешдухтарњояш дар ин нимашаб Нисоро дида њайрон шуданд ва дар куљо будани таѓояшонро пурсон шуданд. Нисо гуфт, ки њамроњи як њамкори па-дараш аз дења ба шањр омадааст ва дар омади гап «љавони зебо ва бисёр шўх шудааст, ки то ба Душанбе расидан маро аз хан-да ќариб рўдакан мекард» гуфта монд. Љавони ношиносро таъриф кардани Нисо аз афташ ба дух-тари калонии амааш нафорид, ки рўй турш карда гуфт:

-Эњ духтари сода, љавонњои њозира кирои таъриф нестанд. Аз шўхињои вай аблањ обу адо шуда, мабодо ба оѓўшаш надарої!

Нисо аз ин гапи хешдухтараш сахт ранљида дод зад:

-Аќламро нахўрдаам, ки бо як ишора ба оѓўши њар роњгузар дароям. Ман њам монанди шумо калла дорам!

-Хайр хоњар аз мо танњо огоњ кардан, он тарафша худат медонї. Аслан, бе иљозати янгаю таѓоим омада кори хуб накардї! Онњо фањманд, албатта хафа мешаванд,-таъкид намуд духта-ри амааш.

-Айби дадам, ваъда дода буд, ки имрўз ба Душанбе меоем, на-меомадам дар назди духтарњо дурўѓгў мешудам. Жвачка бур-данам даркор,-фањмонд Ниссо њама айбро ба гардани падараш боркунон.

Духтарњои шањрї бо ин дух-тари ќишлоќии эрка дигар гапро кашол надода, хона даромаданд. Хайрият, ки аммаю язнааш хоб будаанд, вагана боз як соати ди-гар онњо ба гўши Нисо лексия мехонданд.

Чашм ба роњи писарСафо духтарро фароварда аз

шодї ќариб раќскунон мошинро ба хонааш ронд. Худро монан-ди уќоби баландпарвоз хушбахт эњсос мекард. Ифтихор дошт, ки имрўз чунин духтари чун кабки дарї зебою хушхиром њамроњаш аз дења ба шањр омад. Аз њама муњимаш њамкорони бадзабо-ну бахилаш ўро бо ин чўљаи парї диданд. Акнун дар автобаза фаќат гапи Сафо мешавад. Биг-зор бадхоњонаш аз бахилї торс кафида муранд! Ронандаи маѓрур мошинро ба њавлиашон даровар-да моторашро хомўш карду сипас фаромада дарњои автомобилро мањкам кард ва суруди шўхеро зери лаб замзамакунон ба хона даромад. Кампири модараш, ки чашм ба роњи яккаписар њанўз на-хуфта буд, садќаю бандашавон ба истиќболаш баромад. Бори аввал дар умраш «очаљон» гўён, модарашро бо мењр оѓўш карда бўсид. Модар њайрон-њайрон ба Сафо менигарист. Сафои ошиќи зори Нисо гашта аз модараш хоњиш кард, ки ягон хўрданї би-ёрад. Кампир дуои љони писари эркааашро карда барои овар-дани хўрок рафту мурѓи хаёли Сафо ба гузаштањои дур парвоз кард. Аслан Сафо падарашро ёд

надошт. Аз рўйи шунидаш пада-раш хеле барваќт, њанўз замони сесола будани вай дар Кабудљар ба садамаи наќлиётї гирифтор шуда мурдааст. Љасадашро аз соњили дарёи Сурхоб ёфтаанд. Модараш он ваќт хеле љавон бошад њам, хотири яккаписараш Сафо дигар шавњар накардааст. Сафо бачаи шўх буд ва дигар њамсолонашро ба ќавле рўз на-медод. Мардуми дења аз вай без-ор буданд, вале аз тарс пеш аз тўю маъракањояшон Сафоро љеѓ зада, барояш махсус зиёфат ме-доданд, то ягон номаъќулї кар-да, мањфилро вайрон накунад. Модараш зани фариштахуест ва танњо ба хотири њамин зани мењрубон муаллимону њамсояњо ўро ба милиса насупориданд, ва-гарна љояш бо он њама авбошию дуздињояш кайњо кунљи мањбас мешуд.

Дўсти хиёнаткорДар њамсоягии Сафо Мурод

ном љавоне бо модараш зиндагї мекард. Мурод аз Сафо калон-тар бошад њам, њардуяшон љўра буданд. Ронанда буд Мурод ва доим дар сафар. Боре якмоња ба сафар баромада аз Сафо хоњиш кард, ки то баргаштанаш аз ањволи модар ва хоњарчаи хурд-солаш хабар гирифта истад. Мо-дари Мурод бевазани 43-солаи бисёр нозанин буд. Пас аз марги шавњараш ба ин занак чандин кас талабгор шуда бошад њам, дигар шавњар накард. Сафо аз он, ки Мурод модару хоњарашро ба вай супурда рафт, хурсанд шуда, бегоњ ширакайф як халта орд ва як бак равѓанро бардошта ба хонаи љўрааш рафт. Модари Мурод аз дидани Сафо шод шуда, аз рўйи таомули дењотиён љўраи писарашро ба хона таклиф кард ва гуфт, ки ошро дам партоф-

тааст. Бўи ош ба димоѓи Сафо зада, иштињояш кушода шуд ва дастонашро шуста ба хона да-ромад. Модари љўрааш дарњол кўрпачањои тозаро партофта Сафоро мурооти нишастан на-муд ва дастурхон кушода, барои ошкашї рафт. Сафо болиштњоро зери каш монда рўйи кўрпачањои махмалин бароњат дароз ка-шид. Модари Мурод њар замон ширинињои гуногунро оварда болои дастархон мегузошт ва њар боре, ки хам мешуд, аз чоки куртааш пешобаѓали сап-сафеди дилкашаш намоён мегашт. Сафо аз пешобаѓали мисли себњои сабзи сероб назаррабои модари љўрааш чашм канда наметаво-нист. Шайтон њар замон васваса мекард, ки ин зани аз синну со-лаш хеле љавонтар мондаи пур-тароватро ба оѓўш бигирад ва то сер шудан коми дил ситонад.

(Давом дорад)

ХУДОЗАДА

Љавони ношиносро таъриф кардани Нисо аз афташ ба

духтари калонии амааш нафорид, ки рўй турш карда гуфт:

-Эњ духтари сода, љавонњои њозира кирои таъриф нестанд. Аз шўхињои вай аблањ обу адо шуда, мабодо ба оѓўшаш надарої!

Нисо аз ин гапи хешдухтараш сахт ранљида дод зад:

-Аќламро нахўрдаам, ки бо як ишора ба оѓўши њар роњгузар да-

роям. Ман њам монанди шумо калла дорам!

Page 20: Шумораи 14

№14 (738) 09.04.2014 21РАНГОРАНГ

Тавре олимон собит сох-таанд, шавњари бењтарин њамонест, ки ба ѓаму хур-сандии занаш шарик бошад, яъне аз њолати равонии за-наш доим бохабар гардад.

Ба нигоњи мард диќќат дињед, агар нигоњи мард чуќур бошад, ин нишонаи хуб аст. Агар мард аз ду-бора сўятон нигаристан шарм намояд, андеша ку-нед, чунки ин рафтори мард маънои онро дорад, ки аз муносибатњои мањрамона

шарм медораду дар ин боб хеле заиф аст.

Аз айнакпўш будани мард дилатонро дур нагиред. Мар-де, ки ба чашми зан нигоњ накарда хушомад мезанад, мехоњад бо ин зан ваќт гуза-ронаду халос. Рафту мард бо чашмаш бо шумо бозї кунад ё нигоњаш хеле дилсўзона бошаду шуморо фурў ба-рад, ин мард дар мењрварзї он ќадар фаъол нест. Оли-мон маслињат медињанд, ки ба ангуштон, аниќтараш ба дарозии ангуштони мард диќќат дињем. Њар ќадаре ангушти беноми мардак дарозтар бошад, њамон андоза ошиќи бењамтост. Њормонњои љинсии чунин мардон зиёдтаранд. Доктор Ферденси исбот намудааст, ки мардњои ангушти бенома-шон дарозро тарњи рўяшон мутаносуб, овозашон паст, инчунин бўйи баданашон ба-рои занњо форам асту боиси љалб гаштани љинси латиф мегардад.

Дар баробари усулњои ќайдшуда ба тарзи

бўсакунии мардњои диќќат дињед. Агар мард њангоми бўсобўсї лаванд бошад, дар бистар њам чунин аст. Марде, ки бо оби дањонаш рўятонро пур мекунад, ќобилияти эњсоскунї надо-рад.

Марди дар мењрварзї усто дар бўсаи аввалин забонашро ба кор меба-

рад. Марде, ки бо забон бўсида наметавонад, дар мењрварзї низ дилтанг аст.

Мардоне, ки ба тозагии хона сахт диќќат медињанду тозакоранд, дар бистар низ чунин рафтор мекунанд, њатто бўсидани бадани за-нро табъашон намебардо-рад.

Марди хўроки бомазза-ро дўст медоштае, ки аз љараёни хўрокхўрї кайфи-ят мебардорад, њамчунин њангоми мењрварзї лаз-зат мебарад. Марди бомаззахўрак мехоњад ширинии њар лањзаи њаёти мањрамонаро эњсос намо-яд.

Тамоми усулњои номбар-намудаи муайян сохтани хислати шањвонии мард танњо аз рўи пурсишњо му-айян шудаанд. Аз имкон дур нест, ки марди тозакор ѓуломи зан мешаваду мар-ди аслан бўсаро намедо-ниста аз тарси гум кардани зан хоки пояшро тори сар мекунад.

Тањияи Мењрубон

МАРДИ БЕЊТАРИН КАДОМ АСТ?Муќаррар њамаи бонувон мехоњанд ќабл аз издивољ

хислату хўи шавњаршаван-

даашонро омўзанд, то ки баъдан аз интихоби

худ пушаймон нашаванд. Мард худаш нафањмида хислаташро фош месозад, аз ин рў

чанд сиреро бароятон мекушоем, ки

тавассути он хулќу хўйи љавонмардонро омўхтан осон аст.

Њар ќадаре ангушти беноми

мардак дарозтар бошад, њамон андоза ошиќи

бењамтост. Њормонњои љинсии чунин

мардон зиёдтаранд.

Page 21: Шумораи 14

№14 (738) 09.04.2014 22

Сайдањмади Зардон

АБРЎЙИ МАЊТОБ

(Давомаш. Идомааш дар шумораи гузашта)

Зарф як сў гузошт, коса љониби Абрў кашид ва якбора пайваставу ногусаста по рўйи гилем шапида-шапида, хун-сардияш аз умќи ќалб берун овард, бо чашмони калопесаву чор тора риши ларзон якбора аррос зад: «Пей, пей, пей!.. Пей, пей, пей!..»

Абрў, монанди барќе ки дар осмон якбора таркиш меку-над, аз љо як ќад парид, лар-зону њаросон рост хест, дар муќобили пўписаи тотор бечо-

раву бетобу тавон монд, беих-тиёр, мисли ташнаи дар биё-бон, як он коса ба сар кашиду болои миз гузошт. Дањонаш аз оби тезу тунде бисўхт, ќиёфааш буљур шуду нигоњаш сахт пўшида. Љилави бини-яш бо даст бод дод. Гўё дар гулўяш оташ афтода буд, ки нафасаш банд хўрд, аз умќи чашмонаш ќатрањои ашк сар зад, калавид, наздик буд би-афтад, ки ўро тотор пуштпоя гашт ва ба оњанги ќаблї забон гардонд: «Ничево, ничево! Всё будет хорошо, у тебя появится отличний мужик-как бик! Теперь

надо спат, надо спат, понятно!»«Ситорашинос» ўро љониби

тахтхоб кашиду якбора тела дод. Абрў бо тахтаи пушт аф-тод ва љойи нарм ѓунчасон по кулук кард. Нерўи инсонї- та-мизу фањм ва њифзу сурур ўро тарк гуфта буданд. Њамин ки сар ба болишт монду чашм пўшид, хона ба мисли чархи мошин зуд давр заду дилаш бењузур гашт. Барфавр чашм бикшод, шифту чор девор якљо мечархид, аз пањлў ба пањлў тоб хўрд, боз њамон сурати ќаблї такрор ёфт. То кай чї њад љўлиду рўйи тахтхоб ѓел хўрд, ёд надорад ва аз беёдї ба хоби ѓафлат печидан њам дар хотираш намондааст. Абрў њатто намедонист, ки тотор мо-нанди гурги борондида чї гуна хезе гирифту болои ў парид. Гоње ки чашм во кард, худро ан-даруни бистар лучи модарзод дарёфт, ки банди миёнаш сахт дард мекард, димоѓаш мис-ли сурб вазнин буд. Да њуљра њамин њоло тотори чорторариш ба нигоњ намехўрд, мисли мор ба сўрохе хазида буд.

Абрў бо илоље аз љо љунбид, чизи ѓашворе байни поњояш часпидаву карахш баста буд, ангушт расонд ва пеши дамоѓ овард, яке дилаш бењузур шуду

рўйи тахтхоб ду-се мартаба ќай кард. Бўйи туршї ќиёфааш буљуру нофорам сохт, нафра-таш барангехт. Сари дилаш ки гирифтаву вазнин буд, аз пар-тофтан сабук гашт, бењолона аз љо бархест, осемаву њаросон шалвору пероњанаш пўшид. Ин дам эњсос кард, ки баданаш ба чизи ифлосе олудааст, ки њисси кароњат њељ дамоѓаш тарк намекард. Ў бо даст бан-ди миёнаш дошт, саршикаста, аранге њуљрањо пушти сар гу-зошт, ба сањни њавлї даромад, тунд-тунд нафас кашид.

Дар берун ўро моиндар мун-тазир буд, бо дидани Абрўйи њаќиру нотавон морбозонаву њопал-њопал канораш расид, аз оринљаш дошт, «дилсўзона» та-скинаш дод: «Парво накун, пир-духтар! Иншоаллоњ, дасти ин ситорашинос сабук аст, баъди доруву дармонаш њатман бах-тат кушода мешавад!..» Хандаи нозеби кур-кур сурати зани ба-дафту лоѓарандом боз њам на-фратангезтар кард, бо истењзо дар дил бигуфт: «Бимон, ки «чўби мулоима кирм хўрд», лек њавлиям соя боша!» Абрў магар неши сухани ўро дар бадан њис намуд, ки ољизона лаби поин газид, бо дард нигоњ сўйи дигар баст, аз хатое ки

њаёту мамоташ бар задааст, мањзунтар гашт. Њо, аз балоњои ѓайримунтазира фирор кардан имкон надорад! Он чи ки ин-сон баъзан интизор нест, ногањ бар сараш фуруд меояд. Бар сари сахти ў њам чунин балои ногањонї бирехт, ки меъмори он моиндари кинатсўз буд.

Њо, дасти ќалби моиндари раќќоса дари шикаст ва яъсу навмедї ба рўйи Абрў во намуд, ўро њатто аз ягона њамрозаш-моњтоби зарди само дилхунук сохт. Аммо худи Латофати баду дад њам аз «њадя»-и Худованди њамабин бенасиб намонд. Њо, њар касе ки барои дигарон бадї мекорад, як рўз не, як рўз хо-раш њам дарав хоњад кард!

Њамон шабе ки Абрў дар худ пайваста мепечид ва гила ба моњтоби тори сар мебурд, моиндар андаруни њуљраи гарму нарм бепарвову осу-да ѓунуда буд. Нохост, магар ў хобе дид, ки якбора сар аз болин бардошт. Ин дам аз роѓи дар тасмаи борики рўшноии фурўзонаки долон рўйи бистар афтода буд. Нигоњи хоболуди Латофат ба он хўрд. Пиндошт, ки море ба шиддати зудтар аз њаракати тир худро ба чоки ги-ребони пеши синааш андохт...

(Давом дорад)

КИТОБХОНАИ "ОИЛА"

Page 22: Шумораи 14

№14 (738) 09.04.2014 23

БА НОЗИЯ САВОЛ ДОРЕД?Дар бораи Ў бисёр мегўянд.Дар бораи Ў бисёр менависанд.Дар бораи Ў њар рўз як овозаи нав пањн мешавад: Нозия шавњар кард!Нозия ба Њиндустон кўчид!Нозия ќасри чорошёна дорад…Њар рўз дар њасрати Ў њазорон-њазор ошиќон месўзанд.

Умеди дидори Ў умеди зиндагист ба-рои бархе, аз ин рў аз чор кунљу канори шањр ба гўш мерасад: Нозия… Нозия… Нозия!!!

Овозаю њангомањо он ќадар зиёданд, ки кас дар дарёфти њаќиќати зиндагии ин маликаи њунар саргум мезанад.

Ва инак, зебосанаме, ки бо дидани симои малакутиаш дилњо мисли шамъ об мешаванд, фариштае, ки сањнаи эстрадаи тољикро бо ќудуми муборакаш нурборон кардааст, булбулаке, ки овози ширину таронањои дилнишинаш роњати љони ошиќон аст-Нозияи Кароматулло рўзњои наздик мењмони њафтаномаи «Оила» мегардад. Биштобед! Занг за-неду аз навигарињои зиндагии Нозия бо-хабар шавед!

ТЕЛЕФОНЊО БАРОИ ТАМОС: 238-53-35 ВА 985-81-89-81

-Шумо, ки солњо асрори муносибатњои заношўиро омўхтаеду таљрибаи фаро-вон доред, сабаби вайрон шу-дани оилањои љавонро дар чї мебинед?

-Имрўз мо шоњиди он шуда истодаем, ки баъди се –чор моњи оиладорї оилањои љавон аз њамдигар људо мешаванд. Ин сабабњои зиёде дорад. Яке аз сабабњои асосиаш тайёр набу-дани љавонон ба оиладорї мебо-шад. Замони шўравї дар мактаб дарсњои махсусе буд, ки тарзи оиладориро меомўхт, волидон њам дар бораи муносибатњои но-зуки заношавњарї каму беш бо фарзандонашон сўњбат мекар-данд, вале њоло ин анъанањо аз байн рафтаанд. Волидон танњо хонадор кардани фарзандонро барои худашон ќарз медонанду халос, зеро гумон мекунанд, ки зиндагї худ аз худ пеш мера-вад. Аксари љавонон баъди хат-ми мактаби миёна ба муњољират мераванд ва тўли се-чор соли дар Русия ва дигар кишварњо будан бисёр чизњоро дар боби муносибатњои шањвонї ёд ме-

гиранд, вале духтарњои мо хоманд. Табиист, ки арўси беха-бар аслан на-медонад, ки дар бистар чї гуна бояд рафтор на-муд. Аз њамин љо сар мешавад но-

созгорию љангу љидол.

-Гуфтаниед, ки дар вай-роншавии оила духтарњо гунањкоранд?

-Не, ман чунин нагуфтаам, вале маълумоти кофї надо-штан дар боби муносибатњои заношавњарї яке аз сабабњои вайроншавии оила гашта мета-вонад. Зану мард њарду бояд ба оиладорї тайёр бошанд, вале айни замон духтарњо каме фа-ъолтар шаванд, аз фоида холї нест. Зан бояд диќќати мардро ба худ љалб карда тавонад, яъне зебо, дилкаш ва назарра-бо бошад.

-Ман ба ин гуфтаи шумо чандон розї нестам, бо он далел, ки дар зиндагї акси ин њолро бисёр дидаам. Садњо духтарону љавонзанњои аз

гул нозуку аз парї зебои панљ панљаашон њунарро медонам, ки шавњар ёфта наметаво-нанд, вале баъзе занњои на-зарногири чиркинак чунон шавњарњои олиљаноб меку-нанд, ки дањони кас воз мемо-над…?

-Зиндагии зан-духтар чї гуна љараён мегирад, аз он воба-

ста аст, ки ўро чихел мардњо ињота кардаанд. Дар кунљи хона як умр интизор шуда бишинї, шоњзода худаш ба љустуљўят на-меояд. Зан бояд кўшиш кунад, ки марди бењтаринро ёбад, то дар зиндагї азоб накашад. Дар ин дунё њама чиз нарх дорад, аз љумла хушбахтї њам, барои марди олиљанобро пайдо кар-дан зан ё духтар бояд кўшишу ѓайрат намояд ва мањорати рас-сомию пулашро дареѓ надорад.

-Пул ин љо чи дахл дорад? -Пул барои он лозим аст, ки

духтар ё зан рўю мўю сару ли-боси худро оростаю пероста со-зад, то ботаровату зебо намуда, диќќати мардњои арзандаро ба худаш љалб намояд ва бахташ-ро ёбад.

-Магар танњо бо зебої ме-

тавон дили мардро ба даст овард?

-Ин вобаста аст ба синну соли мард. Одатан дар синни 20-25 солагї љавонмардон аќл, баъд шањват, сипас зебогии за-нро ќадр менамоянд. Дар синну соли аз 30 боло барои мард зане лозим аст, ки наќши муайянро дар зиндагї иљро намояд, маса-лан наќши зан-модарро бозад. Дар ин синну сол мардњо кўшиш мекунанд, ки аз рўи аќл кор ги-ранд. Ин тоифаи мардњо аз зе-боию боаќлї дида, мењрубонии занро бештар ќадр мекунанд. Пас аз 40 солагї муњимтарин чиз барои мард он аст, ки зан ўро фањмида тавонад ва нис-баташ ѓамхор бошад. Зебогии зан барои марди аз 40- сола боло ањамияти дуюмдараља дошта, дар пойдории оила њамдигарфањмї наќши асосиро мебозад.

-Мушаххасан чї гуна занњо ба мардњо писанд меоянд?

-Пурсишњо нишон доданд, барои мард чунин хислатњои зан муњиманд:

ба худ боварї дошта бошад, зеро аз рўи аќидаи мардњо ин хислати зан њусни шањвониашро зиёд менамояд;

каму беш мустаќилии худро нишон дињад, аммо на ба он андозае, ки мард худро нолозим њис намояд;

боаќлу доно (занњои кундфањму бефаросатро мардњо дўст намедоранд), аммо аз њад зиёд шуурнок набошад;

даромади зан нисбат ба мард зиёдтар набошад, зеро бартарии иќтисодї метавонад ба њисси худбинии мард зарба занад. Мардњо бо занњои кор-чалон аз нуќтаи назари шарики корї бо камоли майл сарукор мегиранд, вале на аз нуќтаи на-зари њамболин;

одамгурез набошад ва бо осонї ба маърака роњ ёбад;

ба њар гапи майда-чуйда асабонї нашавад ва «аз пашша фил насозад»;

њазлу шўхиро ќабул кунад, хушњол бошад;

гапи хонаро ба берун наба-рорад ва ѓайбатчї набошад;

ба худ нигоњ карда тавонад;бо хушдоман забон ёбад.

-Солњои охир њамин, ки зан бемор шуд, табибон дарњол даво пешнињод мекунанд: «Њаёти фаъоли шањвонї ба-ред!» Наход муносибатњои шањвонї барои саломатии зан њамин ќадар муњим бо-шанд?

-Ин гуфтаи табибон гапи хуш-ку холї нест. Илм исбот намуда-аст, ки њангоми наздикии љинсї системаи дилу рагњо мустањкам гардида, мубодилаи моддањо суръат меёбанд ва аз њисоби суръати баланди хун дар рагњо ихрољшавии моддањои зањрнок аз организм зиёд мешавад. Ќаробати љинсї одамро аз пир-шавии бармањал эмин медо-рад. Муносибатњои мањрамона дар организми зан ба њосил шудани эстроген мусоидат ме-намояд. Ин њормон кори њамаи узвњои даруниро ба эътидол меорад ва ба мустањкамшавии мўю нохунњо мусоидат намуда, пўстро љилодор ва љавон месо-зад. Шањват ѓайр аз эстроген боз ба њосил шудани эндорфин, ки њормони хушбахтї ба њисоб

меравад, мусоидат менамояд. Эндорфин стрессро бартараф менамояд.

-Масъалаи дигари ташви-шовар солњои охир нисбатан бештар ба назар расидани њодисањои хиёнат, хоса хиё-нат кардани баъзе занњост, ки бист сол пештар њодисаи ќариб гўшношунид буд. Чаро зани шавњардор якбора ба доми марди дигар меафтад?

-Хиёнати зан се сабаб до-рад: камбудии иќтисодї, номењрубонии шавњараш ва аз љињати шањвонї ќаноатманд набудан. Аксари мардњо шояд ин гапро шунида ба њайрат меафтанд, вале њаќиќат љойи бањс надорад. Мард талаботи шањвонии њамсарашро ќонеъ созад, зан њељ гоњ хиёнат на-мекунад! Зиндагии якранг на танњо барои мардњо, балки барои занњо низ дилбазан ме-шавад. Дилгиркунанда шудани муносибатњои заношўї хоњ-нохоњ яке аз њамсаронро ба љустуљўи шарики дигар водор месозад.

-Аксарият бар онанд, ки зану шавњар бояд на ошиќу маъшуќ, балки пеш аз њама дўсти љонї бошанд. Шумо ба ин андеша розиед?

-Не, комилан розї нестам. Зану шавњар агар мисли ду дўст бошанд, мард њамсарашро на-возиш кунад, ѓаши зан меояд, зан мењрубонї кунад, шавњар навозишашро ќабул карда на-метавонад, чунки онњо дар зењнашон њамдигарро њамчун дўст пазируфтаанд, на њамчун мањбуб. Барои њамин, мард ин нозукиро бояд сари ваќт дарк намояд ва барои занаш ба маъшуќ табдил ёбад, зеро дар акси њол бо оила падруд гуф-танаш эњтимол дорад. Ваќте ки майлу раѓбати мард нисба-ти њамсараш паст мешавад ва хеле кам мењрубонию хушгўї мекунад, зан оњиста-оњиста бо-вариро гум мекунад. Набояд фаромўш сохт, ки зан мисли гул аст, гулро њамеша об дода наи-стед, зуд пажмурда мешавад.

-Бисёр мардон мехоњанд бо роњи зўрї лаљоми занро ба даст гиранд? Магар бо муш-ту лагад муњаббати занро сазовор гаштан имкон до-рад?

-Медонед, ба занњои тољик бояд њайкал гузошт, ки мо-мардњои инљиќу муштзўрро тоќат карда мегарданд. Дар замони мо мардњои идеалї ангуштшу-мор мондаанд. Бо гузашти син-ну сол мард бештар инљиќу дил-базан шуда, бањудаю бењуда ба њар кори зан эрод мегирад. Аксари мардњо чунин хислат до-ранд, ки корашон барор нагирад, ќасдашонро дар хона аз зану фарзандон мегиранд. Зани бе-чора бо вуљуди њама даѓалињои шавњар ба хотири аз даст на-додани бахташ тоќат мекунад. Мардњоро дар поёни сўњбат њушдор медињам. Лаљоми занро ба даст гирифтанї шуда, бисёр даѓалї накунед, сабри зан њам њадду њудуд дорад. Косаи сабри зан, ки аз бемењрию даѓалии шавњар лабрез гашт, метавонад дар љустуљўи марде афтад, ки тамоми дардњояшро даво бах-шад!

Р. Холов!

Сўњбати судманд бо табиб Муллозуњур Тоњирї дар мавзўи сабабњои ноустуворї ва пошхўрии оилањои љавон

Мардњоро њушдор медињам, лаљоми занро ба даст гирифтанї шуда, бисёр

даѓалї накунед, сабри зан њам њадду њудуд дорад. Косаи сабри зан, ки аз бемењрию даѓалии шавњар лабрез гашт, метавонад дар љустуљўи

марде афтад, ки тамоми дардњояшро даво бахшад!

ЧАРО ЗАН ХИЁНАТ МЕКУНАД?ХОНАВОДА

Page 23: Шумораи 14

№14 (738) 09.04.2014 24