23
ОИЛА њафтанома њар чоршанбе нашр мешавад №20 (744), 21 майи соли 2014 сањ.13 3 Тифли гуноњ 2 Моњираю Садриддин ба хориља кўчиданд? Сањ.12 АрўС дАр ТАги чодАр зоид 6 Шабнами Сурайё дар мењмонии "оиЛА" 5 Хушдомани золим келинро кушт 11 ишќи бойбобо АСрори «ХуШдоМАни зоЛиМ»

оила шумораи 20

  • Upload
    -

  • View
    293

  • Download
    13

Embed Size (px)

DESCRIPTION

 

Citation preview

Page 1: оила шумораи 20

ОИЛАњафтанома њар чоршанбе нашр мешавад№20 (744), 21 майи соли 2014

сањ.13

3

Тифли гуноњ

2Моњираю

Садриддин

ба хориља кўчи

данд?

Сањ.12

АрўС дАр ТАги чодАр зоид

6

Шабнами Сурайё

дар

мењмонии "оиЛА

"

5Хушдома

ни золим

келинро кушт

11

ишќи бойбобо

АСрори «ХуШдоМАни зоЛиМ»

Page 2: оила шумораи 20

№20 (744) 21.05.2014 2 ситорањо

орАШ Аз зАнгирї МеТАрСАд?

Љиллои њунари сарояндаи эронитабори Шветсия

Ораш имрўзњо мардуми љањонро ба худ љалб намудааст.

Ораш дар Тољикистони мо њам мухлису њаводори бе-

шумор дорад ва мо, ташнагони садояшро ягон овозаю

њангомаи дар бораи Ораш пайдошуда бетараф намегу-

зорад. Ба гўшамон расида буд, ки Ораши ширинсадо, то

њол оиладор нашудааст, вале њангомањое, ки ваќтњои

охир пањн мешаванд, моро сахт ба ташвиш овардаанд.

Албатта ситораи љањонї шудан кори осон нест ва дар

аќсои олам ангуштнамои мардум, ки гаштї, хоњ-нохоњ

дар бораат мегўянд, вале то ин дараља душмандор

будани њунарманди дўстдоштаамро намедонистам. Яке

мегўяд, ки Ораш бачабоз аст ва барои њамин зан на-

мегирад, дигарї иддао дорад, ки ин ситораи љањонї

пинњонї зан гирифта будааст ва њамсараш ба вай хи-

ёнат кардаасту барои њамин Ораш дигар ба бонувон

боварї надорад ва маъшуќањояшро мисли дастпўшак

иваз мекунаад, сеюмї бошад, ин њамаро рад карда,

мегўяд, ки Ораш духтари миллионер мекофт ва ба

ќарибї ба яке аз зебосанамњои сарватманди амрикої

хонадор мешавад. Намедонем ба кадоме аз ин овозањо

бовар кунем, бинобар ин, хоњиш дорем, ки «Оила»

њаќиќати њолро бароямон кушояд. Парвиз, Юсуф, Манучењр

ва боз як гурўњ мухлисони Ораш

аз идора:Мо барои фањмидани њаќиќати њол мо ба сомонаи

интернетии Ораш ворид гашта, маълумотњои аљибро

пайдо кардем. Ораш Лабаф 23 апрели соли 1977 дар

шањри Тењрон ба дунё омада, бобокалонаш озарї буда-

аст. Пас аз 10 солагї Ораш њамроњи ањли оилаашон ба

Аврупо кўчида, Шведсияро макони зист мекунанд. Зан

надорад ва бо хиёнат њам

рў ба рў нагашта-

аст. Бачабоз нест ва ягон иллати дигар њам надо-рад, вале худро алњол барои оиладор шу-дан хом мешу-морад. Ораш ситораи љањонї бошад њам, ба Худованд сахт эътиќод до-раду мегўяд бо бонуе издивољ ме-кунад, ки Офаридгор дар наси-баш на-в и ш т а бошад.

МоњирАю САдриддин бА ХориљА кўчидАнд?

Сурудњои Моњираи Тоњирї малњами розњои ќалби мананд, аз ин хотир њар куљо дар борааш хабаре шунавам, гўшу њуш мешавам.

Чашмони шањло ва рухсори сабзинаи дилкаши Моњира маро чунон мафтун намудааст, ки симояшро дар экран бубинам, дарњол

њама корамро партофта, пеши телевизор мешинам, то љонам як лањза роњат кунад. Сурудњои «Ёраки ман» ва «Ранго ба ранг»-аш маро ба дунёи рангину пурфасонаи ишќу муњаббат мебаранд. Гумон мекунам, ки ин таронањоро мањз барои ман месарояд. Шунидем, ки имрўзњо Моњира Тоњирї њамроњи ситораи дурахшони эстрадаи тољик Са-дриддини Наљмиддин дар хориља консерт дода истода-аст. Садриддин дар хориља аллакай шўњрат дорад ва таронањояшро аз шабакањои телевизионии Амрикою Олмону Дубай намоиш медињанд, вале Моњира чї хел ба сањнаи љањонї роњ ёфтааст, намедо-нам. Боварї надоштам, ки ин духтараки мавзунќомат дар муддати кўтоњ ин ќадар баландпарвоз мешавад. Са-дриддину Моњира мисли Шабнаму Љонибек дуэт таш-кил кардаанд ё ин љо ягон сирру асрори дигаре њаст?

Шўњрати Файзулло, аз н. Ќабодиён

аз идора: Матлаби шуморо ба апаи

Моњирабону Њабибахон расон-дем. Њабибабону гуфтанд, ки

дар њаќиќкат Моњира ва Садриддин дар хориљи кишвар бу-данд ва дар Австралияю чанд шањри дигар консерт дода, дирўз сињату саломат ба Ватан баргаштанд. Њамкории Моњира бо Садриддин ягон сирру асрори пинњонї на-дорад, онњо танњо дўст ва њамкоранду минбаъд низ

њамкорињояшонро идома медињанд.

диЛАМро об кАрдї, диЛнозА

Хон!

Салом ба ањли ќалами њафтаномаи дўстдоштаам «Оила» ва њар нафаре, ки ин нашри-

яро дар даст дорад. Ман марди 65 солаам, вале дар айёми пирї ошиќ шуда, натавонистам

рози диламро пинњон созам. Мехоњам бо кўмаки бахши «Ситорањо»-и «Оила» паёми сар-

шори мењру ихлосамро ба Дилнозахон расонам .

Дилнозаљон! Ту мисли булбуле њастї, ки бо чањ-чањи дилфиребат дар чаманистони

санъати тољик дилњои мардумро об менамої. Сурудњоят тараннумгари ишќу муњаббатанд

ва њамин нолањои дилат маро волаю шайдо намудаанд. Овозатро шунавам, мурѓи дилам

ба парвоз меояд ва худро дар дунёи дигар, дар олами ишќу муњаббат тасаввур мекунам.

Ташнагони њунарат њам дар шимолу њам дар љануб зиёданд, вале гумон мекунам, ки касе

мисли ман шайдои овози ту нест. Ваќте ки дар сањна мисли товус мехиромї, дилам моло-

моли њавас мегардад ва нидое аз ќалби зорам баланд мешавад, ки кош ин замон љавони

30- сола мешудам. Шояд ин сатрњоро хонда, мегўї, ки ин мўйсафед девона будааст, вале

чї кунам, ки ин дили зорам на ба мўйи сафедам менигараду на парвои маломати мардум

дорад. Медонам, ки ба назарат хандаовар менамояд, аммо дар њамин синну сол ошиќи

зорат гаштаам, чї кунам? Аз љонам бештар туро дўст медорам ва њамеша дар намозњоям

Худоро зорї мекунам, ки њаётатро саршори бахт ва комёбиву шодињо гардонад. Сањна бо

ту мисли боѓи Ирам шукуфон аст, Дилнозаљон!

Ошиќи мўйсафедат, Ањрорбеки 65- сола, аз хонаи пиронсолони Вањдат

Page 3: оила шумораи 20

3сарнавишт

П а с аз чанд соати

дардкашї малоњат бо кўмаки холаи Гулбањор,

ки њамон шаб навбатдори таваллудхона будааст, писарчаи

дустрўяке таваллуд кард. Писарча бо вазни калон ба дунё омада,

бисёр зебою ширинрўяк буд. момодоя кўдаки сап-сафедакро лўлакпеч карда ба модараш нишон дод, вале малоњат бо чашмони ашкбор рўяшро ба дигар тараф гардонд, то фарзанди бе никоњ ба дунё омадаашро набинад. духтараки дар миёни обу оташ монда намехост рўйи зебои кўдакашро дида ба меваи маъсуми гуноњаш дил бандад, зеро яќин медонист,

ки агар бачаи њаромї зоиданаш овоза шавад, падараш пўсти ўро аз танаш

људо мекунад...

Суханони табиби шиносаш мудом

дар гўши малоњат садо медоданд:

«беаќлї накун духтарак, фарзанд

неъмати худодод аст, аз бачаат рўй

нагардон, ки ба ѓазаби офаридгор

гирифтор шуда, дигар рўйи кўдакро

намебинї!! Келини раиси гирёну

нолон шабу рўз худо мегуфт, ки

барояш тифлакеро ато намояд, вале

солњо турнасон мегузаштанду нахли

умраш њељ бор намеовард...

(Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта)

Авзои Малоњат торафт бељо ва ранги рўяш зањир ме-шуд. Сараш чарх зада, дилаш тез-тез бењузур мешуд. Дуго-нааш Гулбањор маслињат дод, ки як бор назди табиби зано-на равад ва ба нею нестони Малоњат нигоњ накарда, ўро назди холааш, ки духтури ги-неколог буд, бурд. Ташхис ни-шон дод, ки Малоњат аллакай панљмоња њомиладор аст. Ин гапро шунида Малоњат фарёди љонкоње баровард ва рўяшро бо њарду дасташ пўшонда зор-зор гиря кард. Гулбањор аз хо-лааш илтиљо намуд, ки тифли батни Малоњатро исќоти њамл намуда, духтараки бечораро аз шармандагї наљот дињад, вале духтур рад карда, гуфт, ки кўдак хеле калон аст ва гирифта пар-тофтанаш метавонад боиси марги Малоњат ё минбаъд як умр рўйи фарзандро надида-наш гардад. Холаи Гулбањор ваъда дод, ки ба Малоњат ёрї медињад, ки кўдакашро пинњон аз чашми мардум таваллуд ку-над ва ќасам хўрд, ки ин сирро овозаю дарвоза намекунад.

фарзандбезор Чор моњи дигар Малоњат

тањти назорати њамин духтур буд, вале касе намедонист, ки вай ба назди духтури гинеколог рафтуомад мекунад. Духтари ќоматбаланд, ки буд, калон шу-дани шикамашро њамсабаќону устодонаш эњсос намекарданд. Вай мудом шикамашро баста мегашт, то мабодо љумбидани тифли батнашро касе пай наба-рад, ѓайр аз ин фасли зимистон буд ва кам касон ба сару сура-ти њамдигар эътибор медоданд. Њамин тавр моњу рўзи зоданаш низ фаро расид. Як нисфишабї аз дарди љонкоњ бедор шуд. Аз шиддати дард на хам шуда ме-тавонисту на рост. Эњсос на-муд, ки ваќти таваллуд карда-наш расидааст ва оњиста дуго-нааш Гулбањорро аз хоб бедор кард. Хайрият, ки дар як њуљра фаќат ду нафар буданд, ва-гарна сирраш фош ва шарман-даи ду олам мешуд. Гулбањор дарњол ба холааш занг зад ва бо амри духтур таксиеро киро намуда, Малоњатро ба тавал-лудхона бурд. Пас аз чанд соа-ти дардкашї Малоњат бо кўмаки холаи Гулбањор, ки њамон шаб

навбатдори таваллудхона бу-дааст, писарчаи дустрўяке та-валлуд кард. Писарча бо вазни калон ба дунё омада, бисёр зе-бою ширинрўяк буд. Момодоя кўдаки сап-сафедакро лўлакпеч карда ба модараш нишон дод, вале Малоњат бо чашмони ашкбор рўяшро ба дигар та-раф гардонд, то фарзанди бе никоњ ба дунё омадаашро на-бинад. Духтараки дар миёни обу оташ монда намехост рўйи зебои кўдакашро дида ба меваи маъсуми гуноњаш дил бандад, зеро яќин медонист, ки агар бачаи њаромї зоиданаш овоза шавад, падараш пўсти ўро аз танаш људо мекунад ё аз нангу номус худашро меовезад. Яго-на роњи наљотро Малоњат дар халос шудан аз тифли навзо-даш медид. Ба насињати таби-бон гўш надода вай аз бањри фарзандаш гузашт ва тиллаки бечораро аќалан як маротиба њам ба оѓўш нагирифтаю шир надода аз бањраш гузашт. За-бонхати аз фарзандаш даст ка-шиданашро ба дасти момодоя дода, Малоњат кўдакро дар та-валлудхона монда гурехт.

бозгашт ба дењаМалоњат донишгоњро хатм

карда бо роњхат ба мактаби зодгоњаш омад. Падару мода-ри содда аз таќдири талхи дух-тарашон бехабар аз омадани Малоњат шод буданд. Баробари ба дења баргаштани Малоњати нозанин хостгорњо дари хонаи падарашро охурча карданд. Па-дару модараш бо розигии худи Малоњат ўро ба писари яке аз раисони номдору дорои ноњия фотиња карданд. Тўй чунон бошукўњ гузашт, ки таърифу тавсифаш чанд моњ вирди за-бони мардум буд. Њама њаќќу њамсояњо бехабар аз сарнавиш-ти нангини келини раис ба бах-ти баланди духтари муаллим њасад мебурданд ва ба духта-ронашон Малоњатро намуна нишон дода мегуфтанд: «Дух-тари мардак 5 сол дар шањр хонда бошад њам, ягон кори беаќлона накард. Духтари бо-иффату баномусу покдоман, ки буд, худи раис келинаш кард, акнун шоњбону барин зиндагї мекунад Малоњат!»

дар њасрати фарзандАлишер гуноњи Малоњатро

њамон шаби аввал фањмида бо-шад њам, сирри арўсашро фош

накард. Љавони баномус, ки буд, намехост њам хонаводаи худашон ва њам па-дару модари Малоњатро шар-мандаю таънасори мардум созад. Бокира набаромадани занаш дили ўро аз зиндагї ху-нук карда бошад њам, сир бой намедод Алишер ва дар назди падару модараш чунин вонамуд мекард, ки арўсашро дўст ме-дорад. Малоњат эњсос мекард, ки шавњараш ўро набахшидаа-сту танњо аз тарси шармандагї маљбуран зиндагиро бо ў идо-ма дода истодааст, дилаш аз ѓам њавзи хун буд, вале ваќтро ба ќафо баргардондаю хатоњои гузаштаро ислоњ карда наме-шуд. Келини раис умед дошт, ки баъди фарзанддор шудан шавњараш ба ў дил мебандад, вале умедњояш барбод мераф-танд. Суханони табиби шино-саш мудом дар гўши Малоњат садо медоданд: «Беаќлї накун духтарак, фарзанд неъмати ху-додод аст, аз бачаат рўй на-гардон, ки ба ѓазаби Офарид-гор гирифтор шуда, дигар рўйи кўдакро намебинї!! Келини ра-иси гирёну нолон шабу рўз худо мегуфт, ки барояш тифлакеро ато намояд, вале солњо турна-сон мегузаштанду нахли умраш њељ бор намеовард. Алишер парво надошт, ки чаро занаш намезояд. Писари раис баракс шод буд, ки Малоњат њомиладор нашуда истодааст, зеро њанўз њам гуноњи бузург-нодурхар ба-ромадани њамсарашро набах-шида буд. Мехост бо бањонаи бефарзандї аз Малоњат људо шавад, вале падару модараш ба љону њолаш намонда Али-шерро маљбур мекарданд, ки занашро назди духтурњои ном-дор барад. Нињоят ночор монда Алишер Малоњатро ба назди яке аз табибони занонаи пой-тахт, ки таърифу тавсифаш дар забони хурду калон буд, бурд.

нахли умедМалоњат дар назди табиб

ќариб се моњ табобат гирифт ва нињоят њомиладор шуд. Хурсандиашро интињо набуд, хусуру хушдоманаш низ хаба-ри њомиладор шудани келини мењрубонашонро шунида, аз шодї љойи нишаст намеёф-танд. Танњо Алишер ба хурсан-дии ањли хонадон шарик наме-шуд. Раису занаш бепарвоии писарашонро ба њомиладории њамсараш аз шарм дониста, ху-дашон келинро мисли гавњараки чашм эњтиёт менамуданд, то наберањакашон сињату саломат ба дунё омада, љойнишини бо-бою номбардори падар ва да-воми умри авлоди номдорашон гардад. Малоњат бо гузаштани нўњ моњу нўњ рўз духтарчаи зе-бое таваллуд карда, сари хусу-ру хушдоманашро ба осмон ра-сонд, вале шавњараш Алишер

аз дидани ин тифли деринтизор хурсанд нашуд.

шикасти бахти келини раис

Духтарчааш мактабрав шуд, вале Малоњат дигар таваллуд накард. Алишер бо бањонаи писардор нашудан љавоби за-нашро дод. Раису занаш на-мехостанд Малоњат барин келини зебою чаќќону ширин-забонро аз даст дињанд, вале забони Малоњат, ки дар назди шавњараш кўтоњ буд, гиребони Алишерро нагирифт, даъво на-кард, ки барои кадом гуноњаш ўро миёнаи роњ мекунад, хомўшу сархам хонаи бахташ-ро тарк намуд. Мардум њайрон буданд, ки чаро келини раис аз шавњари сарватмандаш таќсим кардани хонаю мошин, пулу мол ва зару зевари бешумори тўли солњои якљояи зиндагиа-шон ба даст омадаро накарда, таги як куртаи одии хонапўшак дасти духтарчаашро гирифта ба хонаи падараш баргаштааст. Модари зори Малоњат аз ѓами бахти сиёњи духтараш ба би-стари беморї афтид ва се рўз пас бод или пурњасрат аз љањон гузашта, Малоњати ѓамзадаро бештар ба гирдоби дарду алам афканд.

дарди бе дармонЯк хатои таќдирсўз

Малоњатро дар кўчањои зиндагї сарсону саргардон карда монд. Бечора љавонзани аламзада боз ду бори дигар хонадор шуд, вале бо сабаби фарзандор на-шудан нињоли умраш дар ягон љо реша надавонд. Малоњар људо шуда, боз мўњтољи хонаю дари бародарон гашт. Шабњо то сањар хобаш намебурд, фикр мекард, ки духтараш ќадрас шуда истодааст ва имрўзу пагоњ шавњар карда меравад, он гоњ њоли вай чї мешавад. «Њамон бачаамро дар роддом на-мепартофтам, њоло 20 сола мешуд ва дар дами пирї асои дасту саробони с а р а м м е -

г а ш т »

бо алам аз дил мегузаронд Малоњат ва хаёлан ќаду ќомати писари бо дасти худ додааш-ро пеши назар оварда, обу адо мешуд. Дилаш ба ёди меваи айёми љавониаш гум мезад.

дар љустуљўйи писарБа ранљи дури фарзанд тоб

наоварда, нињоят Малоњат роњи пойтахтро пеш гирифт. Маќсад дошт, ки њамон духтури шино-сашро меёбад ва бок адом роње, ки набошад. дар куљо будани писарашро фањмида мегирад., Лозим шавад, пеши пояш ме-афтад, пойњояшро мебўсад, то аќалан аз дур як назар писа-рашро ба ў нишон дињад. Бо умед роњи дарозу каљукилеби кўњистонро тай карда ба шањр омад модари фарзандбезор ва хаставу афгор дари њамон та-валлудхонаеро кўфт, ки 20 сол пештар тифлакашро дар он љо партофта рафта буд. Дух-тури шиносашро аз чанд та-биб суроѓ кард, вале њама бо як овоз гуфтанд, ки хеле дер омадааст. Духтури ошнояш ду сол пеш аз ин аз дарди сара-тони љигар фавтида будааст. Малоњати хунљигар оњи сарде кашида худаш ба љустуљўйи фарзанди дар ваќташ аз беаќлї партофтааш афтод. Ба ѓайр аз њамон духтури рањматї дигар кассе намедонист, ки таќдири писарчаи Малоњат чї шуд ва дар дасти кист, бинобар ин, мо-дари фарзандбезори акнун ба фарзанд зоршуда намедонист суроѓи љигарбандашро аз куљо љўяд. Тамоми хонањои кўдакони пойтахт ва саѓирхонањоро кофт, вале аз писараш нишоне на-ёфта бо дили реш ба дењааш баргашт.

девонаи рўйи фарзандМалоњат аз ѓами Писар ва

гиряву нолаи бисёр оќибат де-вона шуд. Модари дар њасрати писар девонагашта рўзи дароз дар кўчаю бозорњо мегардаду њар одами аз сари роњаш ба-ромадаро нигоњ дошта мепур-сад: «Бачаи маро надидї?» Одамони аз таќдири талхи ин зани аз дарди ѓами бешумор нињоли ќоматаш барваќт хамза-да бехабар гумон мекунанд, ки Малоњати девона њарза мегўяд, бехабар аз он, ки аммабачаи худобехабараш ўро ба чунин рўзи сиёњ гирифтор намудааст. Кайфи як лањзаинаи Фаттоњи аблањ Малоњатро, ки бо дипло-ми сурх мактаби олиро хатм карда буд, якумра бадбахт ва аз чашмидани зањди зиндагии ширини оилавї мањрум намуд. Ин љавони айшпараст барои ин гуноњи азимаш дар ин дунё бе љазо монда бошад њам, Худо-ванд дар он дунё барои рўзи сиёњ ва њама аламу хорињои кашидаи Малоњат албатта музољоташ хоњад кард.

Тољинисои Азиз

ТифЛи гуноњ ё хатои таќдирсўзи донишљўдухтар

Page 4: оила шумораи 20

№20 (744) 21.05.2014 4 сўњбати сари роњ

Page 5: оила шумораи 20

№20 (744) 21.05.2014 5ќиссањои зиндагї

(Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта)

Як рўз Райњона таѓораи пур аз либоси шўстаашро бардоштанї буд, ки хусураш «келин, ба ту мумкин не, мон ман худам мебардорам» гўён, лагандро аз дасташ гириф-та назди торбанд бурд. Ин мењрубонии хусур аз назари хушдоману хоњаршў дур на-монданд ва очаю духтар мис-ли ду аждар фашшосзанон сўйи Райњона тохтанд. Биби-хонуми беимон ду дасташро ба миёнаш гузошта гуфт:

-Ња ойим, шавњари худа-тро хар карда, савор шуданат кам буд, ки акнун шўйи маро хизматгор кардаї?! Ё ваќтњои набудани Диловар оѓўши амакатро гарм мекунї?!

Ин суханони хушдомани худобехабар чун санги га-роне ба сари арўсаки бечо-ра зад, Райњона гумон кард, ки пайкараш оњиста-оњиста ба замин фурў меравад ва мисли латтакўњна рўи за-мини сементпўш афтид. Би-бихонум ин њолатро дида

шавњарашро фарёд кард:-Њой дадаш, канї биё, ин

љияни касалият боз дароз ка-шид! Духтурро љеѓ зан, боз њаром намурад!

Сахї маътали духтур на-нишаста, Райњонаро рўи даст бардошта ба мо-шинаш бор кард ва мошинро бо суръ-ат сўи духтурхона ронд. Бибихонуму духтари берањму беимонаш гўё чизе нашуда бошад, назди телевизор нишаста, чаќ-чаќ кунон кулчаќандњои пухтаи Райњонаро мехўрданд ва пар-во надоштанд, ки бо келин чї шуд.

арўси шањид

Д у х т у р о н Райњонаро бар-дошта ба њуљраи эњёгарї даровар-данд. Рањорањ аз аробачае, ки арўсак дар болояш мехо-бид, хун мечакид. Нишастгоњи ќафои мошини хусураш низ

њавзи хун гашта буд. Таби-бони номдор ду рўз бо марг даст ба гиребон буданд, аммо љони аз теѓи забони хушдоман ду пораи арўсаки бечораро харидорї карда на-тавонистанд. Райњона тиф-

лакашро ба дунё оварда бо дили пурормон аз олам гу-зашт. Писарчаи зебояш низ маргро аз зиндагї бо бибии каждумзабон авло дониста,

таќрибан як соат баъди та-валлуд шуданаш думболи модар бо ин дунёи бевафо падруд гуфт.

Амаки Исроил ба нею нестони Сахї нигоњ на-карда, нашъи эркадухтари соњибљамолашро ба хонаи худаш бурд. Диловар љисми сарду берўњи арўсаки зебою боодобашро аз оѓўшаш сар намедод ва мисли зиндањо њой-њой гиря карда, мегуфт:

-Райњон, гуфтама-а, биё бо ман рав, вале нарафтї. Хок бар сари ман бо њамон корам, рўзи дароз туро пеши нафаси он аждањо гузошта, худам

гум мешудам. Оќибат зањри аждањо ба љони љавонат кора кард? Оќибат туро куштанд? Райњон, маро њам бар, ба-рои ман дунёи рўшан баъди ту чун гўр тираю тор хоњад шуд!!!

Амаки Исроил гумон ме-кард, ки домодаш бар аса-ри ѓусса аќлашро бохтаасту аждањо бофтаи тахаюлоти ѓамгинаш аст, вале…

нозанини хуфтаРайњон дар љогањи марг

мисли моњи дар осмон хир-ман зада хушрўй метофт ва мардуми ба таъзия ома-да чашм аз чењраи сарду хомўши ин нозанини хуфта намеканданд. Дар пањлўи модари љавонмарг тифлаки нокоми дар сон печонида ме-хобид ва ин манзара дили сангро об мекард. Холаи Су-ман бо сад алам нола мекард, Диловар сар ба пойи арўсаки ормонияш монда, зор-зор мегирист ва гиряњои талхи љавонмарди њузарбу ашки алами модари зор алами

мардумро дањчанд мекард. Бибихонуми маккора вориди мотамкада шуда «келинакам, келинаки љавонмаргам» гўён, овоз андохт. Диловар садои модарашро шунида љањида аз љояш хест ва кашолакунон Бибихонумро аз хона бадар карду бо садои дањшатнок дод зад:

-Шайтон, дурўѓгў, беи-мон, Райњонаро ту куштї! Аз дастї ту мурд бечора занам! Дафъ шав аз ин љо! Мон, ки Райњонаи љавонмаргам аз ту натарсидаю наларзида бо хо-тири љамъ ба хонаи охираташ равад! Тезтар аз назарам гум

шав!!! Мардум бо њайрат ба

ин манзара нигариста, гиребон мегирифтанд. Бибихонум аз тарс ба хо-наи њамсоя гурехта, ди-гар худро нишон надод…

Пас аз сари келинРайњон рафту гўё бо

худаш баракату нусра-ти хонаи шавњарашро њам бурд, Диловар аз кораш њисобї карда ба як шањри дурдасти Ру-сия рафт ва дигар њоли волидонашро напурсид. Сахї бошад, баъд аз як сол ба сактаи дил гириф-тор шуда, дунёро падруд гуфт. Мањваш мероси

падарро ба савдо зада дар пойтахт барои худаш њавлии дакаданг ва барои модараш хонаи майдаяки якњуљрагиеро харидорї намуд, зеро хушдо-раш ўро ба хотири њавлию бо-игарияш ба занї гирифта, на-мехост бо хушдоман зиндагї кунад. Бибихонум аз њисоби фурўхтани чаллаю гўшвор ва дигар тилловорињои як ваќтњо ба Райњона таќдим намудааш зиндагї карда ис-тодааст, чунки Мањваш тољир аст ва ќариб тамоми умраш дар хориља мегузараду барои нигоњубини модари пираш на ваќт дорад ва на њавсалаю хуш. Ин зани ношукр акнун дар хоначаи ифлосаке сари дастурхони аз чирк ќарќбаста нишаста, хўроки духтараки њамсоя овардаро мехўрад ва бо њасрат њавлии зебою бошукўњ, писари мењрубон ва келини хушкори чаќонашро ба ёд меорад, аммо худкар-даро даво нест…

Дилошўб

ХуШдоМАни зоЛиМ кеЛинро куШТ

бибихонуми маккора вориди мотамкада шуда

«келинакам, келинаки љавонмаргам» гўён, овоз андохт. диловар садои модарашро

шунида љањида аз љояш хест ва кашолакунон бибихонумро аз хона бадар карду бо садои

дањшатнок дод зад:-шайтон, дурўѓгў, беимон, райњонаро ту куштї! аз дастї ту мурд бечора занам! дафъ шав аз ин љо! мон, ки райњонаи

љавонмаргам аз ту натарсидаю наларзида бо хотири љамъ ба хонаи охираташ равад!

тезтар аз назарам гум шав!!! мардум бо њайрат ба ин манзара

нигариста, гиребон мегирифтанд...

Page 6: оила шумораи 20

№20 (744) 21.05.2014 6 навиштам номае

Пешнињодњои худро тавассути телефони 238-53-35 ва почтаи электронии [email protected] ирсол намоед.Масъули сањифа Рустам Азимї

Падарам маро оќ Кард

Падарам розї набуд, ки тањсиламро дар ягон мактаби олї идома дињам ва

«пули зиёдатї надорам, ки барои саѓераат сарф кунам» гўён, њар рўз мода-

рамро љигархун мекард. Модари бечораам њарчанд мефањмонданд, ки дар ин

замона одами бесавод хор мешавад, падарам фањмидан намехост. «Ленин

хонда чї шуд, ки саѓераи ту мешавад?» гуфта модарљонамро зери мушту ла-

гад мегирифт. Аз рафтори падар љигархун бошам њам, ноумед нашуда, шабро

шабу рўзро рўз нагуфта, китоб мехондам ва бо маслињати модар пинњонї

њуљљатњоямро ба донишгоњ супурдаму бо дониши худам дохил шудам. Мар-

думи дења ин хушхабарро шунида офаринам хонданд, вале падарам ба љойи

шод шудан аз ѓазаб ќариб девона шуда, ману модарамро њаќоратборон кард.

Асабњоямро дашномњои бењудааш хароб карда бошанд њам, базўр худро ба

даст гирифта лаб газидам. Барои падар буданаш ягон сухани нољо нагуф-

там. Хуллас, дарсњо оѓоз ёфтанду барои хондан ба шањр омадам. Азбаски

писари ягона њастам, њар њафта ба дења рафта дар корњои рўзгор ба пада-

рам ёрї мерасондам, то нагўяд, ки бо бањонаи хондан эркатулфор шуда,

дастамро ба оби хунук намезанам. Заминњои калони боѓ дорем ва ана

њамин боѓзор маро бо падарам душман кард. Моњи гузашта падарам «њой

саѓера, як њафта ба дарс наравї, осмон ба замин намеафтад» гўён маро

ба зўрї аз роњ гардондан хост. Медонистам, ки агар як њафта дар дења

монда аз паси боѓу току гову мол давам, яќин аз дарс ќафо монда, хориљ

мешавад. Гуфтам, ки боќимондаи корњоро рўзи истироњати њафтаи дигар

мекунам. Падарам маро фањмидан нахоста борони дашному њаќоратро

ба сарам рехт ва чанд мушту лагад њам зад. Ѓазабам омаду дод зад

гуфтам: «Аз њамин дења њам безор шудаму аз кору бораш њам, мемонед,

ки хонда ба ќатори одамон дароям ё не?!» Падарам «Оќибати бачаи

эркаатро дидї?! Ба њамааш ту гунањкорї» гуфта ба сари модарам да-

вида бечораро чунон берањмона зад, ки аз дањону биниаш хун фаввора

зад. Корд ба устухонам расид ва чї гуна бели дар канори љўй истодаро

тарафи падарам њаво додам, худам њам нафањмида мондам. Бадбахтона бел

ба падарам расиду ба замин ѓелид. Пушаймон шудам аз кардаам ва дарњол

сўйяш давидам, то падарамро аз замин бардорам, вале вай бо ѓазаб маро аз

худаш дур карда, дод зад: «Безорам аз ту барин писар! Аз дидорат безорам!

Тезтар дафъ шав аз хонаам, саѓераи касофат! Ман дигар ту барин фарзанд

надорам!!!» Љигархуну гирёну нолон ба шањр омадам, то тањсиламро давом

дињам. Дигар роњи ба хона баргаштан надорам. Маслињатам дињед, хонан-

дагони азиз, ман чї кор кунам?Нурљањон, аз н. Њисор

шавњари беномуС рўзи модарамро Сиёњ Кард

Модарам Давлатбї њусни мафтункунанда доштааст ва таѓоњоям иљозат надодаанд, ки тањсилашро давом дињад. Бечора шабњоро бо гиря сањар мекардааст, вале бародарони сангдилаш ба нолаю фарёди дилаш гўш надода, ўро бо як љавони бадрўй хонадор кар-даанд, то ќарзашонро аз гардан соќит намоянд. Мардуми дења ба њоли домод хандида модарамро хуб масхара кардаанд, ки шўй наёфта чунин аљинаро гирифтааст. Модарам ба таќдири азалї тан дода, шавњараш ва тамоми ањли оилаи хусурашро њурмату эњтиром мекунад ва муњаббату дуои неки пиронро сазовор ме-гардад. Бобову бибиям аз келин хурсанд буданд. Бо мурури ваќт модарам соњиби се фарзанд мешаванд, вале ба бахти баланда-шон чашми бад расида, њар се кўдаконашон пасопеш мефавтанд. Падарам Мањмадалї тоби чунин бадбахтиро накарда, рў ба ша-роб меорад ва ба ин њам ќонеъ нашуда ба болои модарам зан мегирад. Бечора модарам пас аз ин ду фарзанд таваллуд карда бошад њам, дигар рўзи хушро намебинад. Падарам ба аёдати мо, љигарбандонаш ќариб, ки намеомад, доим бо зани дуюмаш буд ва њама нозу нузи ўро мебардошт. Рўзе табби ман баланд шуду акаам Муњаммадиќбол падарамро зўран ба хона овард. Падаре, ки бояд пушту паноњи фарзанд бошад, зањрхандакунон ба рўям нигариста гуфт: «Бењуда маро безобита кардед, гумон кардам, ки ин саѓера мурдааст, лекин мебинам, ки ўро ягон балою ќазо наза-дааст!» Магар духтари худашро чунин берањмона тањќир кардани падар аз рўйи оини љавонмардист?! Падари беномусам бо њамин дигар аз дари мо надаромад. Имрўз ман 16- сола шудаам, аммо зањри сухани падарамро то њол аз хотир бароварда наметавонам. Модари бечораам барќасди шавњари беномусаш ба донишгоњ до-хил шуда, дар 46 солагї соњиби диплом шуд. Нав ќоматамонро рост карда будем, ки модарамро ба суд даъват намуданд. «Хо-наро зудтар холї кунед, чунки ин манзил ба номи шавњаратон будааст ва вай хонаро аллакай ба як занак фурўхтааст» гуфтаанд. Модарам бо шунидани ин хабар ба сактаи дил гирифтор шуд. Хайрият, ки таѓоям мардї карда, барои мо хона харида дод, ва-гарна аз рўйи падари беномусамон дар кўча мемондем. Соњиби хона гашта бошем њам, ганљи аз њама чиз ќимматтар-саломатии модарамро аз даст додем. Бечора таѓоям модарамро дар ба дари табибу духтурњои машњури хориљї гардонда, базўр дубора ба по хезонданд. Худованд рањми мо падардорони бепадарро хўрда, модарљонамро умри дубора бахшид. Гумон мекунам, ки ба њама фољиањои зиндагии мо падарам гунањкор аст. агар вай моро наме-партофт, чунин рўзњои сахт ба сарамон намеомаданд. Гуноњатро дар ду љањон намебахшам, падар!

Гулафзои падарбезор

дарди дилатонро метавонед бо телефони зерин иброз доред:

238-53-35

шармСору рўСиёњат меКунам, духтар!

Ситора! Дар як моње, ки ман дар сафар будам, дарњол дигаре-ро пайдо намуда ба шавњар баромадї?! Муборак шавад, домоди наву бахти нав! Ба ман чї ваъда дода будї? Магар нагуфта будї, ки сарамро буранд њам, аз ту људо намешавам? Боре ба ман нагуфтї, ки ба хонаамон хостгор фирист, нагуфтї, ки волидонат туро бо љавони дигар фотиња мекунанд. Хабари тўятро шунида њуш аз сарам парид. Аз рўзе, ки шавњар карданатро фањмидам, дигар дастам ба ягон кор пеш намеравад. Дилам ба тамом аз оламу одам хунук шуд. Гумон накун, ки ман ба ту бахти сафед орзу карда, гузаштаро аз лавњи хотирам хат мезанам. Гуноњатро њаргиз намебахшам, духтар! Ќасдамро албатта аз ту мегирам! Падару модарам њар рўз маро насињат карда истодаанд, ки дигар ба ту кордор нашавам, чунки аллакай зани шавњардор њастию соњиби хонаю дару зиндагии обод, вале ин дили ошиќу пурхуни ман пандшунав нест. Дониста мон, то зиндагиятро вайрон на-кунам, намемонам. Имрўз ту дар оѓўши шавњари зебоят масту махмурї, вале фардо, ки аз шавњарат талоќ гирифта, бевазан ва арўси ягон мўйсафед шудї, маро ба ёдат мебиёрї. Дониста бош, ки шармсору рўсиёњат мекунам, духтар!

Абдуллои 0404

домоди отаат мешавам

Озода, аз љонам бештар дўстат медорам! Бо гирифтани номи зебои ту дилам ба тапишу хунам дар гардиш медарояд. Хандаи зебан-

даву ширини ту маро Маљнун гардондааст. Симои малакутиат њамеша пеша назарам љилва мекунад ва хаёлан сари таъзим фуруд меорам назди модаре,

ки ту барин нозанинро ба дунё овардааст. Маънии њаёти ман гаштаї азизам. Муњаббате, ки ман нисбати ту дорам, аз ишќи Маљнун њам бештар аст. Гумон мекунам, ки Маљнун њам дар ѓами Лайлї он ќадар насўхтааст, ки ман дар орзуи дидори ту месўзам. Шояд ба ишќам бовар накунї, вале Худо шоњид аст, ки

дар тамоми дунё ошиќи шайдотар аз ман надорї. Офтобе њастї, ки зинда-гиамро нур мебахшї, моњтобе њастї, ки дар шабњои торик маро умеди

зиндагї ато менамої, Озодаљон! Интизорам бош, албатта домоди отаат мешавам!

Лоиќ 4424

Page 7: оила шумораи 20

№20 (744) 21.05.2014 7

Пешнињодњои худро тавассути телефони 238-53-35 ва почтаи электронии [email protected] ирсол намоед.Масъули сањифа Гулнисои њикматулло

савр (21 апрел - 22 май)

Њафтаи нав корњоятон бо-барор мешаванду тиљорататон

ривољ меёбад. Шарикатон бо нияти ба чаш-матон хок пошидан рафторњои ношоистаро раво мебинад, бинобар ин њушёриро аз даст надињед. Чоршанбе вохўрињои корї боба-рор анљом меёбанд. Дар зодаи ишќ рашки хонумонсўз ќалбатонро ноором ва дунёро дар назаратон тираву торик менамояд. Ба эњсосот дода нашуда, дарди дилатонро оромона ба

ёри худ фош созед.Охири њафта мушкилоти пулї шуморо

сарсону саргардон мегардонад.Озурда набошеду аз дўсти наздик-

тарин мадад пурсед.

њут (21 феврал - 20 март)

Њутњоро ин њафта вазъи саломати-яшон ба ташвиш меорад, худро эњтиёт кунед, зеро саломатї ганљи бебањост.

Сешанбе дар коргоњ наќшањоятон амалї мегардад, ки табъи дили роњбарият ме-шавад.

Нимаи дуюми њафта вохўрдани шоњзодаи орзуњоятонро интизор бошед. Шояд аз бай-ни чанд нафар бењтаринашро интихоб кардан лозим ояд, худатонро гум накунед, сабуриву њушёриро аз даст надињед.

Рўзи љумъа дар оилаатон нофањмие пеш меояд, ки муносибататонро вайрон мекунад. Бо аќлу заковати худ вазъиятро бартараф кунед. Охири њафта даромади пулиро интизор бошед.

Ин њафта фикри оѓози тиљорат ба саратон меояд. Пеш аз корро сар кардан тамоми пањлўњоро санљида ба-

роед, то ба мушкиливу нофањмї дучор нагардед.

Нимаи дуюми њафта вазъи саломатии шахси наздикатон шуморо каме нороњат месозад.

Пеш аз пода чанг наандозеду воњима наку-нед. Бењтараш зудтар ба ташхис равед, шояд каме шамол кашида бошад.

Панљшанбе шиноси деринатон бо дастагули тару тоза ва тўњфаи ногањонї мењмони хонаи шумо хоњад шуд.

Он тўњфа –тўњфаи оддї нест. Аз ин рў, агар ў табъи дилатон бошад таклифи хонадоршави-ашро бипазиред.

мизон (24 сентябр - 23 октябр)

Ин њафта ситорањо оромиро тавсия медињанд. Бояд рафтору кирдори худро

дар тарозу баркашеду аз амалу рафтори номатлуб худро дар канор бигиред.

Нимаи дуюми њафта шахсеро, ки дўст ме-шумурдед, хиёнат ва тўњматро бањратон раво мебинад.

Хушбахтона сари ваќт чашматон кушода мешаваду дўстро аз душман фарќ мекунед.

Рўзи љумъа пайдо шудани сарчашмаи нави даромад имкони харидани мошини орзуњоятонро медињад. Дар интихоб эњтиёт бошеду хато накунед.

Охири њафта бо истироњат хастагии якњафтаинаро бароред.

ќавс (23 ноябр - 21 декабр)

Њафтаи нав ќавсњо тири аз камон ба-ромадаро мемонанд. Зеро нобарории корњо ва як ќатор мушкилињои њалталаб ба њолати рўњиятон зарбаи сахте меза-над.

Худро хастаю абгор насозеду аз дўсти назди-катон кўмак пурсед. Чуноне ки бузургон гуфтаанд, «то дардатро нагўї, дармон намеёбї».

Нимаи дуюми њафта барои баргардонидани ќарзњои пешина каме маблаѓ лозим мешавад.

Агар имкон бошад, маблаѓро аз волидон ги-ред, баъдтар бармегардонед.

Охири њафта даромади начандон калон табъ-атонро болида мегардонад, ин маблаѓро барои ободонии рўзгор сарф кунед.

аќраб (24 октябр - 22-ноябр)

толеънома

Љаддї (22 декабр - 20 январ)

Ин њафта танњої ба дилатон меза-наду ба суроѓи дўстонатон меравед, то

ки каме буѓзи дилатонро бароварда, аз сўњбати эшон шод гардед.

Нимаи дуюми њафта ошиќатон кўмаки пулї мепурсад, албатта бе дудилагї бояд ба ў пул дињед. «Дўст он бошад, ки гирад дасти дўст, дар парешонњолию дар мондагї», -гуфтаанд.

Љумъа баногоњ пайдо шудани таклифи хуби корї фикрњоятонро парешон мекунад. Агар кори њозира табъи дилатон набошад, ин таклифро њатман бипазиред.

Охири њафта дар хонаатон хурсандие дар на-зар аст, ки бе иштироки дўстону наздикон маънии худро гум мекунад.

њамал(21 март - 20 апрел)

Њафтаи нав бо хабарњои нохушаш табъ-атонро хира мегардонад. Ситорањо маслињат медињанд, ки худро ба даст бигиреду њар чи ки мешунавед, тоќат кунед, зеро гуфта-анд «Бар сари фарзанди одам њарчї ояд, бигзарад».Дар коргоњ эњтиёт бошеду ба ягон њуљљати носанљида имзо нагузоред, то балое-ро ба саратон наоред.Нимаи дуюми њафта ба тарзи либоспўшиатон ањамияти љиддї дињеду диќќати атрофиёнро ба худ љалб накунед –хавфи луќмаи дуздон гаштани њамалњо вуљуд дорад.

Рўзњои охири њафта даромади ногањонї шуморо шод намуда имкони амалї шудани орзуњоятонро медињад. Фурсатро ѓанимат до-нед.

сунбула (24 август - 23 сентябр)

Њафтаи нав аз камбудиву нољурињои зиндагї хаста мешаведу аз кори кардаи худ норозигї баён мекунед.

Сешанбе ба сафари корї баромадана-тон эњтимолият дорад. Ин сафар дари ризќу рўзиро ба рўятон боз мегардонад.

Вале нимаи дуюми њафта як ќатор мушки-лиро дар коргоњ пеш меорад. Озурда набоше-ду наѓз фикр кунед, шояд бо ёрии наздикона-тон ин мушкилињоро бартараф намудан имкон дорад.

Охири њафта ёди ёри номењрубон ќалбатонро хуншор мекунад. Вале бояд сањфањои гузаштаи њаётатонро дар дил мањфуз донеду худро азоб надињед.

далв (21 январ - 20 феврал)

Дар ин њафта ба эњсосот дода на-шуда худро идора кунед. Ва кўшиш на-моед, бо маќсади худнамої нафареро паст назанед, чунки худатон ба чоњи кандаатон меафтеду баромадан аз он љо бароятон душвор мешавад.

Нимаи дуюми њафта ба њолате дучор меша-вед, ки фаќат як роњи баромадан дорад.

Рўзи љумъа ошиќатон аз серкорї ва беањамиятии шумо ба дод омада эътироз баён мекунад. Кўшед аќаллан каме ваќтро барояш људо кунед, вагарна кор гуфта танњо мемонед, танњої дарди гарон аст.

Охири њафта даромади калонеро интизор бошед.

саратон (22 июн -22 июл)

Њафтаи нав бо хабарњои аљибу гуворояш табъатонро бо-лида мегардонад. Нимаи дуюми њафта беморие, ки чанд сол ќабл дар орга-низматон реша давонда буд, хурўљ меёбаду ањволатонро ба танг меорад. Таъхир накарда, зуд ба табобат машѓул шавед.

Нимаи дуюми њафта дилатон аз ишќу ошиќї хунук мешаваду ошиќатонро бо хиёнате, ки ба шумо раво дидааст, буѓї карда куштан мехоњед.

Худро азоби рўњї надињед, фаромўш на-созед, ки «сар бошад тоќї ёфт мешавад». Бењтараш ба намуди зоњириятон каме ањамият дињеду ба кошонаи њун равед.

асад (23 июл - 23 август)

Ин њафта ба ќувва ва аќлу закова-ти худ њайрон мешаведу аз ўњдаи њар гуна кор ба осонї мебароед.

Дар кўча бо нафари аљибе шинос шуданатон аз имкон дур нест. Бодиќќат бошед, шояд бахта-тон наздик асту шумо онро мељўед.

Нимаи дуюми њафта роњбарият аз кора-тон ќаноатманд шуда, миннатдории хешро бо мукофотпулї иброз менамояд.

Охири њафта дар бораи худ гапу гапчањои носазоро мешунавед. Гўё аз гапе воќиф набо-шед, хапу хомўш гардед. Бигзор душманонатон коњдони бекоњро бод кунанд.

Љавзо (23 май - 21 июн)

Дар ин њафта ба кирдоратон ањамият дињеду аз гуфтани суханњои

пасту баланд худдорї намоед.Нимаи дуюми њафта омадани

мењмонњоро интизор бошед. Аз паю ќадами мењмон зиндагиятон рангу маънии

дигар мегирад.Панљшанбе мушкилие, ки чанд муддат азия-

татон медод, роњи њаллашро меёбад.Рўзи љумъа фикри ободии ояндаатонро ме-

кунеду каме озурдадил мешавед. Њоло њам дер нашудааст, аз паи бахти худ шавед. Таќдири њар як шахс дар дасти худи ўст.

Охири њафта даромади калонеро интизор бошед.

Толеънома

Page 8: оила шумораи 20

№20 (744) 21.05.2014 8

ПироГи Себинмањсулоти лозима:

200г маргарин, 100мм шир, 100г шакар, 1/2 ќошуќча сода, 1 ќошуќ шарбати лимў, 400г орд

барои болояш:300г љем ё 500г себ, 100г шакар

тарзи тањия:Маргаринро об кунонида, ширро каме гарм кунед. Ба шир шакару

маргарин андохта, наѓзакак аралаш намоед. Содаро бо шарбати лимў омехта, ба ширу маргарин илова намоед ва орд андохта, хамир шўред. Хамирро дар яхдон 30 даќиќа нигоњ доред. Тафдонро то 18 дараља гарм карда, каме аз хамирро гирифта ба яхдон гузореду боќимондаашро дар лаълии тафдон тунук кунед.Аз болояш љем ё порањои себи шакарпоши-даро гузошта, хамирро аз яхдон гиреду аз турбтарош гузаронед ва дар тафдон 10-15 даќиќа пазед. Як дона тухмро бо 1 ќошуќ шакар, 1 ќошуќ орд омезед. Пирогро аз тафдон гирифта, ба болояш тухму орди омех-таро резеду боз ба монед, то каме сурх шавад.

ошхонаи "оила"

Масъули сањифа Нодира Раљабова Пешнињодњои худро бо тел: 238-53-35 ва почтаи электронии [email protected] ирсол намоед.

Мењмони «Ошхонаи Оила» ин навбат сарояндаи оддї не, ситораи љањонї ва товуси хушхироми сањнаи эстрадаи тољик Шабнами Сурайё аст. Шабнамро мо махсус ба ошхонаи «Оила» даъват намудем, то бидо-нем, ки оё ин бонуи гулбада-ну гулпирањан ягон њунари кадбонугї дорад ё танњо бо ороиши рўю мўй ва раќсу бозињои сањнавї машѓул асту халос.

-Шабнамљони азиз, авва-лан Шуморо хушомадед мегўем.

-Ташаккур!-Бисёрињо чунин андеша

доранд, ки Шабнами Су-райё ситораи љањонї шуда, дигар дасташро ба оби ху-нук њам намезанад.

-Не, ман аз хурдї тамоми хунарњои занонаро аз худ намуда будам ва имрўз њам, ваќти холї ёбам, дарњол ба ошхона медароям, то ягон чи-заки бомазза пазам.

-Охирон маротиба кай дегу табаќ ба даст гириф-та будед?

-Дар зодрўзи додаракам Эмомалиљон тамоми пухту-пази рўйи дастархонро худам кардам.

-Шабнам аз хўрдани ка-дом таъом њаловат меба-рад?

-Далдаи кўлобї, оши палов ва ќурутоб.

-Шабнаме, ки ќариб дар нисфи дунё консерт дода, бењтарин ѓизоњоро тано-вул кардааст, далдаи кўлобї мехўрад?!

-Бовар кунед, хўрокњои худамон барин ѓизои серви-тамину бомаззаро дар ягон

гўшаи дунё ёфта намеша-вад. Хўрокњои тољикї роњати љонанд!

-Нон пухта метавонед?-Албатта! Наход зан нон

пухта натавонад?! (механдад) -Мардуми Кўлоб дар чак-

дони заминї нон мепазанд. Шабнам аз баногоњ сўхтани дасташ дар дег-дони тасфон наметар-сад?

-Чаро таросам?! Ин њунарро модарам барваќт ба ман ва хоњаронам Рўзигулу Фарзона ёд дода буданд. Аз хурдї дар чакдон нон пухта, одат карда-ем, барои њамин наметарсем.

-Аксарият сарояндањои машњур дар хонадонашон

хизматгор доранд. Шабнам ёрирасон киро кардааст?

-Ману Фарзона дар сафар набошем, њатман худамон ба-рои ањли оила таъом мепазем ва дигар корњои рўзгорро ме-кунем, дар набуданамон апа-ам Рўзигул кадбонугї мекунад.

-Ба њунари кадбонугии хоњаратон Фарзона чї бањо медињед?

-Фарзона табъи нозук до-рад ва аз ўњдаи њама њунарњои занона мебарояд.

-Мегўянд, ки Фарзона на-зарбаланд аст ва њар чиро намехўрад?

-Не, хоњарам духтари хок-сор аст, ёд надорам, ки ягон бор ба ягон хўрок эрод гириф-та бошад.

-Дар як маърака шоњиди он гаштам, ки аз миёни чанд сароянда танњо шумо ба хўришњо даст бурдед. Магар салатхўракед?

-Бале, ошиќи салат њастам, вале лесакї намекунам (ме-хандад).

-Дар як мусоњибаатон гуфта будед, ки њавсалаи ширинихўрї надорам. Ширинї ба саломатиатон зарар дорад ё аз тарси фарбењшавї шириниро би-нед, дарњол чашмонатон-р о

мепўшед? -На ину на он, ман аз кўдакї

ширинихўрак нестам. Фарзона шириниро дўст медорад.

-Суруди «Шом омадаам»-ро бисёр бо завќ месароед. Росташро гўед, ин таро-наро ба кї бахшидаед?

-Ба тамоми мухлисонам!-Ин тавр бошад, барои

њаводоронатон боз як њадяи дигар пешкаш намо-ед.

-Хўриши махсуси «Шабнам»-ро барояшон пешкаш месозам.

СўњбатороРустам

табиатан мўйи ѓафсу љиллодор дошта бошед, ин тўњфаи худододро хуб

нигоњубин намоед, агар чунин набошад, табибон-трихологњо мушкили шуморо осон месозанд. трихология-илми

омўзиши беморињои мўйи сар мебошад. мисли вараќаи тиббї мўйњои зан њолати умумии љисмашро инъикос менамояд.

мўйи бељону равѓанин ва тираву бенур аз он гувоњї медињад, ки соњибаш

солим нест.

чаро мўй бељон мешавад?

Мўйи сар бо сабаби стресс, таѓйиротњои њормонї (аз љумла њомиладорї, синамаконї), беморињои ѓадуди сипаршакл, дис-бактериоз ва беморињои кўњнашудаи меъдаву рўда, норасоии минералњо (оњан, синк, марганес, хром, селен) ва масунияти пасти бадан бељону бељило мешавад. Беморињои инфексионї ва шамолкашии пўсти сар (себо-рея, дерматит) низ ба зебоии мўй бетаъсир намемонанд.

Дурудароз истеъмол на-мудани доруворињои пешгири-кунандаи њамл, антибиотикњо, антидепрессантњо ва доруњои нейролептикї мўйро бемор месозанд. Экологияи номусоид, кор бо химикатњо, зуд-зуд бо усули кимиёвї ороиш додани мўй, истифо-даи краскањои бесифати мўй, бо фен хушк кардани мўй оњиста-оњиста сифати мўйро мекоњонад. Танњо баъд аз муайян сохтани сабаби бад гаштани њолати мўйњоятон метавонед мушкилиро рафъ созед.

асабоният мўйро мерезонад

Сабаби аввалини бад шудани њолати мўйњоро трихологњо дар стресс медо-нанд. Мушкилоти психологї ба он оварда мерасонад, ки мўйњо бенињоят зиёд мерехтагї мешаванд. Аз аса-бонияти зиёд рехтани мўй метавонад ба калшавї овар-да расонад. Муњим он аст, ки

сари ваќт чора андешед. Мўйи саратонро нодуруст

ранг кунед, мўйњо ба пахмоќ мубаддал мегарданд. Дар ин сурат метавон ба мута-хассис-трихолог мурољиат намуд. Устои мўй дар кошо-наи њусн интихоби дурусти ниќобу балзамњоро тавсия медињад.

мўй њам витамин мехоњад

Мўйњоятон бе ягон са-баб резанд, гул кунанд, љило надошта бошанд, бењтараш аз табиб-трихолог маслињат пурсед. Баъзан кифоя аст, ки ба ѓизои худ ањамият дињед. Комплекси витамину микроэлементњоро нўшед, баъди ду моњ ал-лакай бењбудии њолати мўйњоятонро эњсос мекунед.

Ба ѓайр аз муоинаи табиб, ташхиси пурраи диагностикї низ баъзан лозим меояд.

шампун ва балзамњо

Мутаассифона, њатто шампуну балзамњои ќимматбањотарин низ наме-тавонанд мўйро ѓафс созанд. Барои соњиби кокулони зебою пурљило гаштан воситањои махсус ва нигоњубини дуруст лозим аст.

Мўйњои солими равѓаннокияш мўътадилро хуб мебуд дар 4-5 рўз 1 бор шўед. Мўйи равѓанинро дар 2-3 рўз 1 бор бо истифодаи шампун барои мўйи равѓанин шўстан лозим аст. Зуд-зуд мўятонро мешуста бошед, аз шампунњои барои шустушўи њаррўза истифода баред.

Мўйи хушкро дар 8-10 рўз 1 бор шўста, њафтае 1-2 бор муолиља бояд кард. Мўятонро бо фен мехушко-нида бошед, ќаблан малњами муњофизатї молед.

Хўроки шумо бояд гўшти парранда, моњї, чормаѓз, оф-тобпараст, равѓани зайтун ва заѓир дошта бошад.

Сабўсак аз чї пайдо мешавад?

Тавре маълум гашт сабўсаки пўсти сар баъди 28 рўз нав мешудааст. Дар њар нафари панљум ин амалиёт зудтар рух медињад, яъне баъди 4-5 рўз сар пўст ме-партояд. Сабабњо гуногунанд

–аз норасоии витаминњо ва малњамњои номусоиди нигоњубини мўй сар карда, то беморињои замбўруѓии гуно-гун.

хўришмањсулоти лозима:

300г гўшти мурѓ, 200г бодиринг, 3 тухм, намак

майонезтарзи тањия:

Гўшти мурѓро то пухтанаш љўшонед (20 даќиќа баъди

љўш омаданаш пазед) ва сипас хунук кунонед.

Гўшти пухтаро хурд-хурд реза кунед. Тухмро аз

турбтароши сурохињояш миёна гузаронед. Бо-

дирингро ба таври наргисї реза кунед. Гўшти

мурѓ, тухм ва бодирингро омехта намуда, намак

пошеду майонезро илова карда, аралаш намоед.

аСрори зебої

Мўйи зебо доШТАн МеХоњед?

шабнами сурайё:Супер-САЛАТдА биё, бАчА!

хуриши шабнаммањсулоти

лозима:-лаблабўи обпаз, 70г

сабзии кореягї, чипс,

як ќошуќ нахўди сабз,

як ќошуќ љуворимакка,

70г њасиб, 1 бодиринг,

майонез ва кашниз

тарзи тањия:Дар хўришгираки

васеъ аввал

лаблабўи аз турб-

тароши сурохињояш

васеъ гузаронидашударо дар як та-

раф мегузорем. Рў ба рўяш сабзиро гузошта, баъдан

мањсулоти дигари дар боло зикршударо паи њам мегу-

зорем. Њасибу бодирингро хурд-хурд реза карда, илова

менамоем ва каме кашнизро дар пањлўяш мегузорем.

Page 9: оила шумораи 20

№7 (731) 19.02.2014 муњоЉир 9

Масъул: Рустам

Сокини шањри Кўлоб, 36- сола ва

соњиби 3 фарзандам. Зиндагиам аз

рўзи аввали хонадоршавї ќашшоќона

мегузашт ва њамсарам дилу љигарамро

мехўрд, ки ягон манбаи даромад надо-

рам. «Аз зиндагии сагонаат безор шу-

дам, ту чї хел мардї, ки ба хона як халта

орд намеорї? Њамсояњоро бин, њар рўз

барои зану фарзандонашон либосњои

наву занљирбандњои тиллої ме-

харанд, ту бошї, то њол

ба ман як наскї

њам нахаридаї» гўён, занам доду фиѓон мебардошт. Рўзе на-буд, ки дар сарам ч о р м а ѓ з н а ш и -к а н а д . Т а ъ н а њ о и зани маро њама ањли дења мешуни-данд ва њамеша

дар маљлисњои раиси

мањалла гапшунаву сархам

будам. Тоќатам оќибат тоќ шуд ва як

шаб њамсарамро хуб лату кўб кардаму

либосњоямро гирифта аз дар барома-

дам. Аз Икроми њамсоя бо фоиз пул ќарз

гирифта, шабошаб ба шањр омадам, то

дигар рўйи зани серљоѓамро набинам.

«Русия мардикорї меравам, дар њамон

љо зан мегирам» ќарор додам дар дил ва

ба фурудгоњ рафта, чиптаи њавопаймо

харидам. Касе аз ањли оила ва пайван-

донам намедонист, ки ба Русия сафар

дорам. Бахт ба рўям хандиду кори сер-

даромаде ёфтам. Маоши хуб мегириф-

там, вале ба зану фарзандонам на занг

задам ва на дар куљо буданамро дарак

додам. Њамин тавр ду моњ «њузур њузури

безанї, фатир пазї, танњо занї» гуфта,

хуб маишат кардам. Касе пишакамро

пишт намегуфт. Духтарњои рус пулдо-

риамро дида аз пасам медавиданд. Бо

яке аз онњо, ки Таня ном дошт, оиладор

шудам. Фикр мекардам, ки хушбахт ме-

шавам, вале… Таня барои пулам ба ман

њамсар шуда будааст ва баъди чанде

симои аслиашро нишон дод. Сањар то

нисфирўзї хоб мекард, парво надошт, ки

ман зиндаам ё мурда ва чї мехўраму чї

мепўшам. Нањориро худам тайёр мекар-

дам, либосамро худам мешустам. За-

нам бо майли худаш зиндагї

мекард ва нимашаб ба

хона меомад. Соњиби

фарзанд шудем, вале аќли Таня

њељ ба сараш назад, ки на-зад. Оњиста-оњиста давру давронам аз байн рафт, корхонаамон

муфлис шуду м а о ш а м о н -

ро кам карданд.

Њамсарамро кампул

шуданам бештар «де-

вона» кард, рўзе набуд, ки

Таня бо ман љанљол накунад. Боре

таънањояш ба маѓзи устухонам расидан-

ду сари ќањр занамро задам. Аз дањону

бинияш хун фаввора зад ва худи њамон

рўз Таня маро ба дасти милиса супурд.

Љанљоламон бо људої анљом ёфт. Суд

њалнома баровард, ки ман бояд њар моњ

ба фарзандам 20 000 рубл алимент су-

порам. Акнун се моњ боз худам таш-

наю гушна мегардаму пули алименти

писарам Артурро ба Таня месупорам.

Маќсади мактуб навиштанам ба «Оила»

њамин аст, ки мардњои тољик мисли ман

фирефтаи ишќи бонуњои рус нашаванд,

ки оќибаташ вой аст. Ман дар мулки

ѓарибї ба ќадри зани серљоѓи тољикам

расидам, вале дигар аз пушаймонї суде

нест! Басир, аз шањри

Новокузнетски Русия.

ШАТТАи ТАняро ХўрдА, бА ќАдри

зАни СерљоѓАМ рАСидАМ

ѓАМи пиСАр кўрАМ МекунАдМодари љигарсўхтаам. Аслиддинамро як моњ боз касе надидааст. Писарамро бо њазор умед ба Русия пулкоркунї фиристода будам, то бо киссањои

пур баргашта, духтари дўстдоштаашро ба занї бигирад, вале… Писарљонам бачаи баномус буд, њамеша пул мефиристод ва дар њаќќамон ѓамхорї мекард, аммо якбора бе ному нишон гум шуда монд. Ќариб як моњ мешавад, ки занг намезанад. Телефонњояш хомўшанд. Рафиќонаш «Аслиддинро надидаем» мегўянд. Хавотирам, ки бо писарам ягон њодисаи нохуш рўй додаасту ба ман намегўянд. Худоро шабу рўз зорї мекунам, ки ба пояш хоре нахалад. Як моњ боз мисли мурѓи посўхта ба чор тараф медавам, ки аз писарам ягон хабар шунавам, вале афсўс... Писарњои дигарам дар љустуљўйи бародар кафшашонро дар мулки бегона ѓалбер карданд. Роњбараш гуфтааст, ки мао-шашро гирифту хурсанду шод баромада рафт, дигар ўро на-дидем. Касе дар бораи писаракам чизе намедонад. Маљбур шуда ба хонаи дўстдоштааш Моњгул рафтам, аммо ў њам гириста-гириста «Аслиддин ба ман занг назадааст» гуфту навмедам кард. Аз зарби гиря чашмонам ќариб кўр шудаанд. Умеди охиринам њамин газетаи «Оила» аст. Эй мардуми ѓариб, агар Аслиддинљони маро дида бошед ё тасодуфан дар ягон љо бо ў вохўред, албатта ба ў расонед, ки модарат аз ѓами ту ќариб девона шудааст.

Садафмоњ, ш. Душанбе

Писарбачаи 14 солаам.

Маро модарам дар Русия

ба дунё овардааасту ќонунї

шањрванди њамин давлатам.

Саргузашти талхи падару мо-

дарамро шунавед, ашк аз

чашмонатон љорї мешавад.

Модарамро бобоям ба дигар

кас хонадор карданї буда-

аст, аз њамин сабаб ду дил-

дода маслињат карда, фирор

мекунанд ба кишвари рус ва

дар њамин љо аќди никоњи

мусалмонї мебанданд. Пада-

рам дар заводи оњанбарорї кор

мекарду модарам хонашин буд

ва ман дар оѓўши пурмењрашон

хушбахту масрур ба воя мера-

сидам. Падарам њамеша мода-

ри пирашро фикр мекард, вале

роњи бозгашт ба Ватан барояш

баста буд. Модарам аз пада-

рам њам бештар озурдахотир

буд, чунки касе аз пайвандо-

наш зинда ё мурда буданашро

намедонист. Як бегоњ падарам

модарамро маљбур намуд, ки

ба хонаи дўсташ Костя рафта,

каме њам бошад, ѓами дила-

шонро бароранд. Зодрўз до-

штааст дўсташ. «Ман наме-

равам, бояд дарсњоямро тай-

ёр кунам» гуфта хеле якравї

кардам, вале падарам маро

маљбуран ба мошин шинонд.

Дар хонаи Костя то як поси

шаб раќсу бозию хурсандї на-

муда, соати 2-и шаб ба роњ ба-

ромадем. Падарам сархуш буд

ва торафт суръати мошинро

баландтар мекард. Њарчанд ги-

ряву зорї мекардам, ки эњтиёт

шавад, бештар мошинро мето-

зонд. Дар гардиши роњи кало-

ни шањри Перм мошине пайдо

шуда, ба ќавле «памех дод»

ва мошини мо аз роњ барома-

да чаппагардон шуд. Ронандае,

ки моро ба садама тела дода

буд, думро хода карда гурехт.

Ман бо азоб аз мошин баро-

мадам ва аз миёни шишањои

шикаста падари ѓарќи хунамро

кашида баровардам. Тамоми

аъзои баданаш шикастагї буд.

Модари бечораам бо гардани

шикаставу чашмони кушода

дарњол љони љавонашро ба

љонофарин супурдаааст. Пада-

рам њам баъди чанд лањза дар

рўйи дастонам љон дод. Марги

азизонамро маро девон кард,

гирёну нолон мардумро ба им-

дод мехостам, вале касе садо-

ямро намешунид. Хайрият, ки

як мўйсафеди подабон пайдо

шуду ба имдодам расид. Сар-

гузашти талхамонро шунида

мўйсафеди рус маслињат дод,

ки падару модари шањидамро

дар њамон љойи њодиса ба хок

супорам, чунки зўрам барои

ба Тољикистон фиристондани

љасадњо намерасад. Маљбур

шуда бо чашми гирён падару

модарамро дар њамон даш-

ту биёбон зери хок намудам.

Имрўз дар ба дари мардум

овораву сарсонам. Мехоњам

ба назди хешу табори па-

дару модарам баргардаму

мењрубонињои нотамоми во-

лидони ормониамро аз бобову

бибї ва хешу таборамон бу-

бинам.

Имроншоњи падару мо-дар гумкарда

пАдАру МодАрАМ дАр ѓАрибї ШАњид ШудАнд

Хонандагони азиз! њафтаномаи «Оила» барои муњољирони тољик, ки дар Русия њастанд ва ањли хонаводањояшон сањифаи наверо бо унвони

«Муњољир» боз мекунад. Инак, се номаи пурдардро аз ин силси-ла пешкашатон месозем. Шумо њам гуфтание ба азизонатон

дошта бошед, њатман ба сањифаи «Муњољир»-и «Оила» нависед. Мо номањои ба пайвандони дар Русия бу-

даатон тааллуќдоштаи шуморо дар њафтавори «Оила-Россия» ва розу ниёзи љигарбандони дар

Руссия будаатонро дар њар шумораи «Оила» нашр намуда, миёни шумоён робитаи назди-кро тариќи газета барќарор менамоем. Ин-тизори номањои шумоём! Телефонњо барои маълумоти муфассал:

238-53-35 ва 985-81-89-81

Page 10: оила шумораи 20

№20 (744) 21.05.2014 10 чорсўи зиндагї(Давомаш. Аввалаш

дар шуморањои гузашта)

Љангалбон саросемавор бозгашта ба хонаи чўбинаш даромад. Ба пулис занг заданї шуд, аммо телефон кор наме-кард. Мўйсафед аз телефони дастї истифода бурда наме-тавонист ва њайрон буд, ки чи кор кунад. Баргашта ба соњили кўл омад ва ба он љое, ки мо-шин ѓарќ шуда буд дурудароз нигарист. Бечора љангалбон умед дошт, ки шояд мусофи-рон ё ронандаи мошин аз об мебароянд, вале дар љое, ки мошин афтида буд, ягон нишо-ни зиндагї ба чашм намера-сид. Дар равшании субњгоњон њарчанд ба соњил нигарист, дар он љо низ касеро на-дид. Мўйсафед навмед шуда, пойњои каљашро љунбон-љунбон ба тарафи роњи калон равон шуд ва бо азоб ба шоњроње, ки аз байни љангал мегузашт ва чанд даќиќа пештар аз он роњ мошини Шоњин босуръат ба тарафи кўл тоб хўрда аз баландї ба ќаъри об афтиду ѓарќ шуд, баромад. Дар ин ваќт аз ин роњ хеле кам мошин мегузашт ва аксаран онњое буданд, ки ба дачаю хонањои истироњатиашон мерафтанд. Ба мўйсафед мошине лозим буд, ки ба тарафи шањр ра-вад. Аз хамгашти роњ мошини боркаше намоён шуд, ки дар болояш чўб бор карда буданд. Мўйсафед дасташро бардошт ва ронанда дар канори роњ мо-шинашро боздошта сарашро аз кабина берун карду пурсид:

-Ба шањр меравї? Хоњї, ки дар ду соат рафта расем, марњамат, ракетаи ман тайёр!

-Не, ман ба шањр рафтанї нестам, танњо мехоњам ба пу-лис хабар дињї, ки дар ин љо 10 даќиќа пештар мошине дар кўл ѓарќ шуд,-мањзун хоњиш кард мўйсафеди љангалбон.

-Мошин дар кўл? Мўйсафед, агар шаб араќро шикамсерї зада бошї, сањар сабуњї кун, ки ба назарат њарчи нанамо-яд. Мошин дар кўл чї кор ме-кунад? Барои мошин ана ин хел роњ месозанд,-бо даст ба роњ ишора намуд ронанда, ки гумон дошт аз таъсири май мўйсафед њарза мегўяд.

-Њой бача, ман умуман араќ наменўшам, ба ту росташро гуфта истодаам. Ана биёю худат изашро бин, мошин бо суръати баланд ба тарафи кўл омаду аз ин љарї парида дар об ѓарќ шуд…

-Аввалаш ин, ки ман ба нанўшиданат шубња дорам. Дар ин љо њама менўшанд. Ди-гараш ин, ки дар ин сањар кї худро ба кўл ѓарќ мекунад?

Мўйсафед дид, ки ронанда ба ў бовар накарда истодааст, даст афшонду хост аз наздаш дур шавад, вале љавон пас аз лањзае мотори мошинашро хомўш карда аз кабина фаро-мад ва аз паси љангалбон ома-дан гирифт. Ваќте дид, ки дар њаќиќат изи мошине аз роњи калон људо шуда, љониби кўл тоб хўрдаасту дар соњил паяш гум шудааст, нињоят ба гапи мўйсафед бовар карда лаб га-зид ва дубора ба назди моши-наш баргашта, телефони да-стиашро гирифту ба љангалбон наздик шуда пурсид:

-Ин љо чї ном дорад?-Ин љангали Кузмовка, кўлаш

њам Кузмовка ном дорад. Аз шањр 28 километр дур. Номи ман Матвей, Матвей Сурков гўй. Нозири минтаќа маро ме-шиносад…

Ронанда тариќи телефон ба шўъбаи пулис хабари дар кўл ѓарќ шудани як мошини са-букравро гуфта, илова кард, ки дар ин бора љангалбони њамин

минтаќа ба вай хабар додаст, пас аз ин ба мўйсафед рўй оварда гуфт:

-Ана, Матвей Сурков, супо-ришатон иљро шуд. Акнун ман аз паи кору борам равам ме-шавад? Пас аз чанд даќиќа ин љо пури мент (пулис) мешавад, ман бошам, онњоро чашми ди-дан надорам…

Ронанда бо љангалбон хайрухуш карда ба сари рули мошинаш нишаст. КАМАЗ-и пурбор њаворо бо дуди ѓализи солярка пур карда, дар як дам нопадид шуд ва љангалбон дубора ба соњил кўл баргашт. Њанўз ба љойи садама нара-сида аз пасаш садои мошини пулисро шунид, ки хомўшии сањаргоњонро халалдор наму-да, торафт ба кўл наздиктар меомад…

***Садои пурвоњимаи мошини

пулис ба гўши нафари дигаре њам, ки дастонашро дар рўи љойгањ ба ду тараф ёзонда, аз хоби ноз бедор мешуд, расиду худ ба худ ѓур-ѓур кард: «Дар њамин каллаи сањар њам хоби-дан намемонанд, гўё љанг шуда бошад!» Оксана коњилона рўи љойгањ нимхез шуда садо кард:

-Шоњин, ту дар ванна?Љавобе нашунида бори ди-

гар такрор кард:-Њой бача, дар гўшат пах-

та тиќќондї чї? Кани бўсаи субњонаи ман? Ана мардаки бемењру…

Оксана дар тан либоси тагпўш ба олињае монад буд, ки навакак аз арш фуруд омадааст. Ба оинаи калон наздик шуда вай бодиќќат ба рўю мўяш нигари-сту худ ба худ гуфт:

-Какой ужас! Ана барои чї мардњо зани субњ аз љойгањ хестаро хуш надоранд! Наход њамин аљузкампир ман бошам?!

Вай ба худ бањои ноњаќ медод, дар асл аз оина љавондухтари нињоят зебо ва тару тозае ба ў менигарист, ки њусну малоњаташ њар мардро аз аќл бегона мекард. Пас аз ба тартиб даровардани мўяш Ок-сана љониби ванна равон шуд, то бубинад, ки чаро Шоњин дар он љо дурудароз њаял карда ис-тодааст, вале њамин ваќт садои занги дар баланд шуд. Духтар ѓур-ѓуркунон халати сафедашро ба бар карда, дарро боз намуд. Баробари кушода шудани дар хизматгордухтари сарвќомат, ки табассуми њамешагии гирди ла-бонаш ин сањар намудор набуд, маъюсона хабар дод:

-Оксана Валентиновна, на-мояндаи пулис шуморо дидан мехоњад!

-Маро? Барои чї? Гапаш, ки бошад ба сардори муњофизон гуфта равад.

-Не, исрор карда истодааст, ки мањз шуморо бояд бубинад.

-Њмм, хайр гўй, ки интизор шавад, ман њозир либосњоямро пўшам. Шоњин њоло дар ванна ба фикрам…

-Не, он кас ду-се соат пеш, њанўз торик буд, ки баромада рафтанд.

Осмони беѓубори чењраи са-феди Оксаннаро абрњои тира пўшиданд. Дилаш аз ким кадом нохушие гувоњї медод. Вай дигар сухане нагуфта, дарро пўшиду тарафи љевони либос рафт.

***Пас аз лањзае Оксана дар

бар шими љинс ва курткаи аз њамон матоъ дўхташуда аз зинањо поин шуда ба подполков-ники пулис, ки њамроњи сардо-ри посбонон интизори ў буданд, саволомез нигариста, салом дод. Пулис пас аз салом аз киссааш халтачаи селофание-ро бароварда ба Оксана дароз кард. Духтар њайрон ба халта-чаи шаффоф нигарист ва дар дохилаш ангуштарии тиллоиеро дид, ки чанд рўз пеш худаш ба Шоњин таќдим карда, гуф-та буд: «Ин њанўз пешгуфтори тўйи ману туст. Асосиашро дар рўзи тўй медињам. Онро эњтиёт кун, гап дар сари пулаш не, гап дар сари он аст, ки агар ту инро эњтиёт карда тавонї, пас ман мефањмам, ки маро њам эњтиёт мекунї, агар не, аз худат гила кун!» Љумлаи охиринро Окса-на шўхиомез гуфта буд, аммо Шоњин аз рўзи аввал ангушта-риро чун гавњараки чашмаш эњтиёт мекард.

Оксана пас аз муонаи дуру-дароз ангуштариро аз халтача бароварда рўи кафаш гузошт ва ба пулис нигариста пурсид:

-Соњиби ин ангуштарин куљост?

Њамаи онњое, ки ин дам он љо љамъ омада буданд, сархам бу-данд ва касе ба ин савол љавоб додан намехост. Танњо подпол-ковники пулис гўё вазифаи ваз-нинеро иљро мекарда бошад, бо овози паст гуфт:

-Дар зери об. Оби кўли Куз-мовка! Ин субњ бо мошинаш ѓарќ шудааст. Њоло кофтукови љасад идома дорад…

Баробари шунидани ин ха-бари шум сари Оксана чарх ва пеши чашмонашро пардаи сиёње печонда гирифту дух-тар гурсосзанон рўйи фарш афтид. Ангуштарин аз кафаш рањо шуда, рўи фарш ѓелид. Полковник ва сардори хадамот болои сари Оксана хам шуда, кўшиш мекарданд, ки духтарро ба худ биёранд, вале вай дигар намељумбид…

(Давом дорад)А.ЊОЉЇ

иШќи ТиЛЛоии Муњољири Тољик

Ватан барои њар як инсон мисли модар азиз аст ва зару зевар, молу сарват, зиндагии шоњона дар диёни ѓайр наметавонад мењри сарзаминеро, ки хуни нофаш дар он љо рехтааст аз дилаш берун созад.

Њар кадом гўшаи дунё на-бошад, мењри Ватан касро боз мисли оњанрабо сўйи худ мекашад ва ба оѓўши хоти-роти айёми кўдакї фаро ме-хонад.

Мењмони мо Алиcа Ша-мир журналист, баранда ва чењраи шинохтаи яке аз машњуртарин шабакаи теле-визионии давлати Исроил аст, вале мењри Ватан пас аз солњои сол ўро боз ба ќалби Тољикистони азиз-Душанбешањри сарсабз овардааст. Соли 1992 аз тарсу њароси марг ањли хо-наводаи онњо аз Тољикистони дар миёни кўрдуд ва алангаи љанги хонумонсўзи бародар-куш монда ба диёри бобои-яшон рахти сафар барбаста буданд, аз ин хотир хостем таассуроташро аз бозгашт ба Ватан бифањмем.

-Алиса, Душанбе ба Шумо маъќул шуд?

-Оњ напурсед! Душанберо шинохта намешавад. Пой-тахти Тољикистон маро чу-нон ба њайрат овард, ки бо њама мањорати суханвариам ман наметавонам бо сухан эњсосотамро аз дидани ин шањри афсонавї баён на-моям. Њељ интизор набудам, ки дар чунин муддати кўтоњ Ватани ман ин ќадар зебо шудааст!

-Шумо зодаи

Душанбешањред?-Бале, хуни нофам дар

њамин љо рехтааст ва сабаќи аввалинро аз устод дар мак-таби миёнаи раќами 20-и Ду-шанбе гирифтаам, бинобар ин, дар кадом гўшаи љањон, ки набошам, Тољикистонро ватанам муаррифї мекунам. Модарам дар беморхонаи Ќарияи Боло кор мекарданду падарам олим буданд, зин-дагии хушбахтона доштем дар канори гарми марду-ми тољик, афсўс, ки љанги бемаънии бародаркушї сар шуду моро низ ќатори њазорон хонаводањои дигар бе Ватан кард. Пас аз Ду-шанбе дар чанд кишвари пешрафтаи љањон зиндагї карда бошам њам, то њол маро хумори Ватан мегирад. Кўчаю гулгаштњои сарсабзи Душанбе ба ёдам расанд, ди-лам гум мезад, барои њамин омадам, то диёри афсонањои кўдакиамро боз як бораки ди-гар бубинам.

-Дар Душанбе ягон чиз хотиратонро озурда на-кардааст?

-Ягона чизи бароям та-

ассуфангез гум шудани кокулакњои тољикист. Замо-не, ки мо дар ин љо зиндагї мекардем, њама занону духтарњо мўйњояшонро майдабофї мекарданд ё ко-кул мебофтанд. Бисёр зебо буд кокулони духтарњои тољик. Афсўс, ки ана њамон кокулњои зебо ва љомаю камарбандњои хушдўхти мар-донаи тољикиро ин дафъа на-дидам!

-Наход надидани кокулњои тољикї ин ќадар таассуфангез бошад?

-Медонед бурди шумо, тољикон аз мардуми дигар кишварњо дар чист? Онњо аз паси боигарї ва зинда-гии шоњона давида, симои миллиашонро гум кардаанд. Амрикоињо, олмонињо ва сокинони дигар давлатњои пешќадам њама чиз доранд-пул, зару зевару брилли-анти бешумор, хонањои боњашамат, зиндагии дар назар афсонавї, вале чизи асосї-симои миллї надо-ранд! Хушбахтона шумоён тавонистед асолати миллии худро нигоњ доред. Тољик дар масири таърих роњи ду-рударозеро тай карда бошад њам, забон, фарњанг, мада-ният, либос ва нангу номуси тољиконаашро гум накард ва ин боиси ихтихор аст. Шахсан ман тољиконро мањз барои гум накардани асолати мил-лиашон дўст сахт медорам, бинобар ин хоњиш мекунам, ки њамин фарёди дили маро, ки як зарраяки офаридаи обу хоки Тољикистони бињиштосо њастам, ба мардум расо-нед: «Њой духтарњои тољик, кокулњои тољикиро баргардо-нед!!!»

-Дар бораи баробарии гендерї имрўзњо бисёр мегўянду менависанд, Шумо њамчун журналист баробарњуќуќии зану мар-дро дар Тољикистон эњсос кардед ё њамоно зиндагии тољикона падаршоњї ме-намояд?

-Нигоњ доштани муќаддасоти оилавї боз як бурди тољикон аст. Миллати солимро оилањои солим тар-бият мекунанд. Хурсандам, ки занњои шумо дар илму дониш ва касбу њунар хеле пеш рафта бошанд њам, зан-модар боќї мондаанд. Ман пеши ин занњои хирадманд сари таъзим фуруд меорам!

Ф. Сатторї

алиcа:кокуЛњои Тољикиро

бАргАрдонед!

Page 11: оила шумораи 20

№20 (744) 21.05.2014 11таќдир

(Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта.)

Бойбобо роњи ба чанг овар-дани Саодатро љуста, наќша пайи наќша мекашид, вале ягон планаш ба назараш комил на-менамуд. Ишќи пирї ин марди баркамолро ончунон саргарм сохта буд, ки дигар дасташ ба ягон кор пеш намерафт.

найранги Салими ќиморбоз

Ќарибињои пешин котибааш бо ноз хабар дод, ки Салим ома-дааст. Номи Салим-ќиморбозро шунида ба тани Бойбобо гўё љони тоза дамид ва фармуд, ки тезтар мењмонро даъват ку-над. Салим яке аз ќиморбозони машњури шањр буд ва аз њисоби бозию дилхушии бойбачањо сар-вати зиёде ба даст оварда, яке аз одамони соњибэњтиром ба шу-мор мерафт. Бойбобо омадани Салими -ќиморбозро фоли нек дониста, ќарор дод, ки ќиссаи келини соњибљамоли Комилбой-ро наќл карда, маслињат мепур-сад. Сўњбати њарду ќаймоќ баст. Бойбобо ба Салим дар бораи имшаб дар хонаи Комил буда-наш батафсил наќл карда, гўё дар омади гап њусну љамоли зани Фурќатро таъриф кард. Са-лими ќиморбоз дарњол фањмид, ки келинчак ба Бойбобо маъќул шудааст ва ин халтаи пул тайёр аст, ки барои ба даст даровар-дани дили духтар тамоми доро-ияшро бубахшад. Маслињат дод, ки шавњари Саодат, яъне писа-ри Комилбой-Фурќатро ба ягон балои азим гирифтор кунад, он ваќт ба даст овардани дили арўси нозанин осон мешавад. «Зану духтарњои тољик вафодо-ранд, барои шавњарашон њама корро мекунанд» таъкид намуд ќиморбоз. Бойбобо аз ин ишора чизеро нафањмида, хоњиш кард, ки Салим ошкортар гап занад.

-Фурќатро ба ќиморбозї љалб кардан лозим, он гоњ арўс бо пойи худаш ба оѓўшатон меояд,-фањмонд Салим ва маккорона чашмак зад.

-Ња, акнун маќсадатонро фањмидам! Ба як тир ду нишон мезанем, гўед,-лабханд намуд Бойбобо ва ба китфи Салим тап-тап зад.

-Ќурбони ањли фањм шавам,-ќаноатмандона табассум кард Салими ќиморбоз,-танњо бо њамин роњи аљиб шумораи клиентњои банда боз як тан бештару оѓўши љанобашон аз накњати атри хушбўйи тани њамон ѓизоли саркаш пур ме-шавад!

Бойбобо дари сейфашро кушода, як даста доллар ба-ровард ва пачкаи пулро пеши ќиморбоз партофт. Салим пулро ба кисааш зад ва дасти Бойбо-боро фишурда, мардона ваъда дод, ки дар муддати кўтоњтарин шавњари Саодат-Фурќатро ба балои азим гирифтор мекунад.

амри ќиморбозСалим пулро ба кисса зада,

шоду масрур аз утоќи Бойбобо баромад ва ба мошинаш ниша-ста ба тарабхонаи бошукўње, ки љойи вохўрињои ќиморбозон буд, рафт ва ба шогирдонаш занг зада, њамаашонро барои маслињат даъват кард.

Наќшаи кашидаи роњбарашон ба ќиморбозњои ашадї писанд афтиду ваъда доданд, ки бо кадом роње на-бошад, Фурќатро ба доираашон мекашанд. Як шогирди љавонаш гуфт, ки писари Комилбой-ро чандин сол боз мешиносад ва метавонад бо ягон бањона Фурќатро ба ќиморхона биёрад. Салимбой панљ саддоллараи шараќќосиро назди шогирдаш партофта, фармуд, ки ин «кори муњим»-ро ба таъхир нагузорад.

васвасаи шайтонШогирди Салимбойи

ќиморбоз худи њамон рўз назди Фурќат омада, гапро аз камнамо шудани љўрааш сар кард ва но-аён риштаи сўњбатро ба мавзўи пул бурд. Фурќат, ки бойбача будани љўраашро медонист, маслињат пурсид, ки бизнесаш-ро чї тавр ривољ дињад. Рустам мисли Шайтон дар бораи да-ромади аз ќимор ба даст овар-дааш ќариб ним соат гап зада, дар дили Фурќат оташи њирси пули муфтро фурўзон карду сипас гўё дар омади гап љойи ќиморбозиашонро гуфта, баро-мада рафт. Фурќати ба васва-саи ин шайтони бе дум афтида, баъди гусел кардани мењмони нохонда ба фикру хаёл ѓутта зад. Хаёлан хонаи мисли ќаср ва духтарони амсоли њурони бињиштї зебои љўрааш гуфтаро дар атрофаш парвона тасаввур мекарду оби дањонаш мешорид.

дар ќиморхонаСаргарми оташи нафс

шавњари Саодат-Фурќат чї тавр ба ќиморхона омаданаш-ро худаш њам нафањмида монд. Ќиморбозон, ки омадани ўро кайњо интизор буданд, зиёфа-ти шоњона оростанд, то бойба-чаро бештар ба дом кашанд. Дар рўйи дастурхон ба љуз аз љони одам дигар њама чиз буд ва духтарони паричењра як-як ба гардани ќиморбозон овезон шуда, бо бўсањои ширин табъ-ашонро болидатар менамуданд. Кўрдуди сигору бўйи нашъаву дуди чилим фазои хонаро пур карда буд ва садои хандаю ќањ-ќањаи мењмонони сархуш дили шабро мешикофт. Кайфияти ањли нишаст торафт баландтар мешуд. Пас аз хўрдани зиёфат ќиморбозони ашадї намоишко-рона њар кадом як дипломати пулро ба бозї монданд. Фурќат бозии онњоро тамошокунон чашмашро аз ѓарами пул на-меканд. Дилаш лањза ба лањза бештар оташ гирифта, кашо-ли ќиморбозї мешуд. Хоњиш

кард, ки барои вай њам ќарта кашанд, вале ќиморбозон «зид-ди» ќартабозиаш баромада, оќибати ќиморро фањмонданд. Салими ќиморбоз зањрханда карда гуфт:

-Ќиморбозї кори мардона аст, дар ин љо фаќат таваккал мекунї, љўра. Бахтат агар хан-дад, дар як шаб соњиби пули як мошин мешавї, нахандад хона-ат месўзад. Њар кас тоби бурду бохти ќиморро надорад!

Ќиморрро кори мардона но-мидани Салими ќиморбоз ва нисбат ба ў назарногирона му-носибат карданаш аламу нанги Фурќатро овард ва исрор намуд, ки хонасалот шавад њам, имшаб албатта бозї мекунад. «Ихти-ёри худат ошно, бозї кардан хоњї, марњамат бозї кун, вале баъд аз мо гиламанд нашав, ки туро сари ваќт огоњ накардем» гўён, Салим љониби шогирдо-наш маккорона чашмак зада, та-бассуми безебе кард ва барои Фурќат ќарта кашид.

Пули муфтЊамон шаб киссањои Фурќат

пури пул шуд. Ќиморбозони таљрибадор махсус бозиро ме-бохтанд, то Фурќати «навичок»-ро ба гирдоби нафс бешта-ру бештар ѓуттавар созанд. Ќарибињои субњ Фурќат бо киссањои аз пул дамида ба хона омад ва њамсарашро ба оѓўш гирифта бўсиду сипас пулњоро ба дипломат андохта дар сей-фи оњанин монд. Саодат гумон кард, ки ин пули тиљорат аст, барои њамин аз шавњараш чизе напурсид. Њамин тавр Фурќат ба доираи ќиморбозон даромад. Дигар ягон шаб ўро дар хона ёфта намешуд. Њар бегоњ хумо-ри ќартабозиаш мегирифту зани нозанинашро фиреб дода ба ќиморхона мерафт ва нимашаб сармасту серпул бармегашт. Ќариб њар шаб бурд мекард ва ин хандаи бахт бештару бештар ба ќимор ошиќаш мегардонд. Дар муддати як моњ аз њисоби пули ќимор мошини нав хариду чанд њазор долар пасандоз кард. Ба падараш мегуфт, ки ин пулњо аз њисоби даромади аз бизнес ба даст овардааш њастанд ва шарикони хуб ёфтаасту кораш пешрав гаштааст. Комилбой, ки

бо «инояти» Бойбобо мудири як маѓозаи калон таъйин шуда буд, саргарми кору бори хеш чандон ба писараш ањамият на-медод ва намепурсид, ки шабњо Фурќат дар куљо то сањар гум мешавад. Бойбобо Комилбойро бо супоришњои гуногуни серда-ромад андармон менамуд, то барои ба зиндагии хонаводаги-аш диќќат додан ваќт наёбад.

зиёфати дуюм Хусури Саодат-Комилбой

њамарўза даромади калон ба даст меовард, аз ин хотир ќарор дод, ки барои шустани вазифаи наваш боз як базми шоњона меорояд. Бойбобои маккор, ки дилаш њар рўз дар орзуи дидори Саодатхони паричењра гум мезад, ба «хо-тири дўстї» таклифи Комил-бойро ќабул кард.

Бо амри хусураш ин дафъа Бойбоборо бояд Саодат пеш-воз мегирифт ва зиќ шудан намемонд. Дастурхони пур-нозу неъмати шоњона оро-ста, келинчак ба истиќболи «мењмони олиќадр» баромад. Бози дўстдоштааш ин дафъа дар сари китфи Бойбобо набуд. Њини ба дасташ об рехтани келинчак Бойбобо пичиросза-нон ба гўши Саодат гуфт, ки барои чунин фариштаро тар-сонданаш љазои уќоби беаќлро дода, сарашро аз танаш људо намудааст. Саодат лаб газида ба мењмони олиќадр чизе на-гуфт. Зиёфат бисёр пуршукўњ љараён гирифт. Саодат њар замон табаќи нави хўрок, ширинї ё маваљот дар даст аз дар даромада, мењмони олиќадрро гаштаю баргашта хайрамаќдам мегуфту аќлу њуши Бойбоборо бо њусни љигарсўзаш мерабуд, вале ин марди маккори дар занбозї собиќадор сир бой надода, чу-нон вонамуд мекард, ки нисба-ти ин келинчаки паричењра бе-парвост. Вай ин дафъа барои Саодат шароб нарехт, хушгўї накард. Рафтори Бойбоборо дида, дили Саодат, ки дафъаи гузашта аз нигоњњои бешармо-наи ин марди умраш ба љое расида, худро хеле ноњинљор њис карда буд ва хаёлаш ба сад кўчаи сарбаста мерафт,

ором гирифт. «Бойбобо хоти-ри дўстиашон бо хусурам па-дарвор маро мењрубонї карда будаанду мани аблањ шубњаю гумонњои нољоро нисбати ин марди саховатманд дар дилам љой додаам» мегуфт худ ба худ келинчак ва кўшиш мекард, ки ин навбат «гуноњашро» бо мењмондории хуб бишўяд. Са-лими ќиморбоз бо супориши Бойбобо шавњари Саодат-Фурќатро дар ќиморхона сар-гарм медошт ва љангал бе шеру барра бе чўпон монда буд.

найранги бойбобо Бо ишорати Бойбобо ду

шариконаш ба берун барома-данд ва хусури Саодат онњоро њамроњї намуд, то ниёзашонро њосил намояд. Комилбой ба ке-линаш таъкид кард, ки мењмони олиќадрро зиќ шудан намонад. Саодат дар пањлўи Бойбобо нишаста чойнаку пиёлањоро пешаш кашид. Келинчаки ноза-нин мисли моњи мунире, ки аз дили аброњои тира рух намуда-аст, шабистони Бойбоборо бо љилваи њуснаш равшан карда буд ва барояш њар замон чойи кабуд кашида медод. Бойбобо Саодатро хеле таърифу тав-сиф карда ба осмони њафтум баровард. Таърифњои ин мар-ди солхўрда ба келинчак на-форад њам, барои эњтироми мењмон хомўшї ихтиёр карда буд, то хотири нозуки Бойбо-боро наранљонад. Хонаро аз айёр холї ёфта, Бойбобо мис-ли уќоби тезчангол чолокона ангушти Саодатро ба даст ги-рифту ангуштарини зебоеро, ки санги брилиантии нигинаш дар шўълаи чароѓи барќї ба сад ранг љилва менамуд, гу-заронд ва дасти чун панљаи фаришта зебои келинчакро бўсида ба модаре, ки чунин паривашро ба дунё овардааст, ањсан хонд. Бойбобо чї ќадар гап зад дар ёди Саодат на-мондааст, вай мисли афсуншу-да танњо сар љунбонда, њайкал барин хомўш менишаст. Сукути келинчаки паричењраро Бойбо-бо ба таври худ мефањмид…..

(Давом дорад)Р. Холов

тољикдухтари нозанини панљ панљааш њунар бо мўъљизаи дастони «бомазза» ва аќлу одоби бемислу монандаш натанњо ањли оилаи фурќат, балки хешу табори домодро низ мафтун намуда буд ва

дар њама тўю маърикањо танњо

таърифи Юлдузхон мерафт, ки чунин

арўси бењамто ёфтааст.

иШќибойбобо

Ќиморрро кори мардона номидани Салими ќиморбоз ва нисбат ба ў назарногирона муносибат карданаш аламу нанги Фурќатро овард ва исрор намуд, ки хонасалот шавад њам, имшаб албатта бозї мекунад. «Ихтиёри худат ошно, бозї кардан хоњї, марњамат бозї кун, вале баъд аз мо гиламанд нашав, ки туро сари ваќт огоњ накардем» гўён, Салим љониби шогирдонаш маккорона чашмак зада, табассуми безебе кард ва барои Фурќат ќарта кашид...

Page 12: оила шумораи 20

№20 (744) 21.05.2014 12 сарнавиштњои ѓамангез

бачаи баномусМуњсин мактабро бо бањои

аъло хатм карда бошад њам, аз сабаби вазнин будани ша-роити зиндагиашон ба ягон мактаби олї њуљљат насупурда, чипта хариду њамроњи чанд нафар њамдењагонаш Русия мардикорї рафт. Дар як сох-тмон кор мекард. Корашон чунон вазнин буд, ки бечора бача нимашабњо пайкарашро базўр кашолакунон то хобгоњ мерасонд ва ягон дањон хўрок хўрда, дарњол сар ба болин менињод, то боз субњи барваќт бархезад. Њамарўза 12-14 соат кор мекарданд. Аксари њамроњонаш ба мењнати ваз-нину пурмашшаќат тоб наовар-да, корро партофта рафтанд, вале Муњсин, ки бачаи бано-мус буд, ба њама душворињо мардонавор тоб меовард ва бо сари хам «трактор барин» кор мекард. Маоши калон ги-рад њам, мисли дигар љавонон духтарбозию кайфу сафо кар-да намегашт, як тинашро њам бењуда сарф накарда, тамоми маблаѓи њармоња мегирифта-ашро ба падару модараш ме-фиристод, то ба касе муњтољ нашаванд.

ишќи муњољирДухтарњои рус «Хусик»

гўён, аз пайи Муњсин кашола мешуданд, то дили ин љавони зебои чашму абрўсиёњро ба даст оварда, оила бунёд на-моянду тифлакони зебо ба дунё оранд, вале Муњсин ба ягон нафарашон ањамият на-медод. Ќарор дода буд, ки танњо бо духтари тољик ои-ладор мешавад. Замира ном духтаракеро дар зодгоњаш дўст медошт ва ќабл аз са-фар ба Русия онњо ањду пай-мон баста буданд, ки баъ-ди бозгашти Муњсин тўйи арўсиашонро баргузор ме-намоянд. Падару модараш як ќисми пулњои Муњсинро барои тўйи хонадоршавиаш пасандоз намуда, бо умед барои келиншаванда зару зе-вар ва љињози зебои арўсї мехариданд. Пайвандони до-мод ва худи Муњсин бесабро-на фаро расидани тирамоњро интизор буданд, то тўйи му-роди ошиќонро биороянд, вале…

СадамаМоњи ноябр Муњсин кор-

ро ба итмом расонда, чиптаи бозгашт харид, вале њамон рўзе, ки бояд ба Душанбе парвоз мекард, њангоми ба фурудгоњ рафтан дар роњ мошинашон ба як мошини дигар бархўрд. Муњсин ва чанд нафар њамроњонаш дар натиљаи садамаи автомобилї љароњатњои вазнин бардош-танду ронанда дар љойи воќеа шањид шуд. Хабари ба садама гирифтор шуда-ни коргари бењтаринаш ба зудї ба гўши сардори сох-тмоне, ки Муњсин дар он љо кор карда буд, расид ва Ни-колай Петрович њама кору борашро партофта, дарњол ба љойи њодиса шитофт. Ин марди русро њалолкорї ва дасту дили поки Муњсин хуш омада буд ва ин тољикбачаро мисли фарзанди худаш дўст медошт, бинобар ин, Муњсинро худаш ба бемор-хонаи бењтарин бурд. Муњсин ќариб як моњ дар бемористон хобид. Пас аз рухсатї шуда-наш низ Николай Петрович ба вай иљозати ба Ватанаш рафтанро надода гуфт:

-Писарам, њоло ту шифо наёфтаї, метарсам, ки дар шароити кишварат боз њолат вазнин мешавад. Туро ман ба хонаи худам мебарам, се-чор моњи дигар дар њамин љо њам табобат мекунию њам истироњат, баъд ихтиёрат, хоњї исто, нахоњї ба Ватанат рав!

-Маро он љо арўсам инти-зор аст,-посух дод Муњсин.

-Хайр чї, бигзор интизор шавад,-якравї кард Нико-лай Петрович,-дўст дорад, шавњар намекунад, вале тоќат карда натавонад, дига-рашро меёбї. Ба њар як тори мўйи ту барин љавони зебою мењнатї сад духтар овезон мешавад. Афсўс, ки худам духтар надорам, вагарна нахоњї њам зўран ба гарда-нат банд андохта, домод ме-кардам!

Њамин тавр Муњсин боз чор моњи дигар дар Русия монд ва пеш аз иди Наврўз азми ба Ватан баргаштан кард.

бозгашт ва хостгорї

Муњсин ба хона баргаш-тан пас, дарњол бо орзуву умедњои ширин модарашро ба хонаи арўсаш равон кард, то бо ризоияту дуои неки во-лидон маросими фотењаро гу-заронда аз пайи тўй шаванд. Тарафи духтар нею нестон накарда, хостгоронро ќабул карданд, вале осори шодї дар чењраашон чандон намоён на-буд. Ба назар чунин мерасид, ки онњо аз ин издивољ хурсанд нестанд ё аз ким-кадом чизе њарос доранд. Тарафи домод хавотирию ношодии волидони арўсро эњсос карда бошанд њам, саргарми орзую њавасњои ширини худ ба ин чиз чан-дон ањамият надоданд, чунки бори аввал келин мекарданд ва таљриба надоштанд. Маро-сими фотињаро волидони арўс одиякак, танњо бо иштироки наздиктарин пайвандонашон гузаронданд. Дар фотињатўй на њамсояњо буданд, на хе-шовандони арўс. Модари до-мод сабаби чунин хурдакак ва бе наѓмаю усул гузаронидани фотињатўйро дар камбаѓалии волидони Замира дониста, ният кард, ки тўйро худаш бо шукўњу шањомат мегузаронад, то писару келинаш ба орзую њавасњояшон бирасанд.

наѓмањои замирахон

Тайёрї ба тўй сар шуд. Барои ба загс ариза додан Замираро љеѓ заданд, вале арўсшаванда худаш наомада, танњо шиносномаашро фири-стод. Муњсин дар њайрат монд, ки чаро мањбубааш наомад, худ ба худ мегуфт, ки наход Замира аз издивољашон хур-санд набошад, вале илољ на-ёфта, худаш масъалаи аз аќди никоњ гузаштанашонро бо кўмаки шиносњояш њал карда, аризањоро супурду рўзи тўйро аниќ карданд. Барои харидани ангуштаринњои никоњї арўсро ба бозор таклиф карданд, вале ин дафъа њам Замира бањона пеш оварда, љавоби рад дод. Муњсин сахт ранљида аз мо-дараш хоњиш кард, ки рафта бо Замира сўњбат кунад, агар вай ба издивољ розї набошад, бењтараш сари ваќт тўйро гар-донанд, вале «бачем, духтар бе нозу ош бе пиёз намеша-

вад, с а р а т р о бо фикрњои бењуда гиљ накун» гўён, даст афшонд модар ва таклиф кард, ки ху-дашон њама чизњои заруриро харида, њама такодави тўйро њал кунанд.

Келини чодарпечРўзи тўй Муњсини дар

либоси домодї дањчанд зе-бошуда бо карнаю сурнай барои овардани арўс ба хо-наи волидони Замира рафт. Ќудоњо мисли дигар падару модарони пурорзу домодро бо пойандозу ќандборон ва зиёфати бодабдаба пешвоз нагирифтанд. Аќаллан барои иззати домод як дастурхони оддї њам наороста буданд волидони арўс, вале тара-фи домод ба ин беэњтиромї ањамият надода, бо чењраи хандону шукуфон хурсанду дилшод мераќсиданду ќарс мезаданд. Дар њавои суруду навои тўёна домодро назди арўс дароварданд. Арўсро чунон фаранљипеч карда буданд, ки рўяшро дида на-мешуд. Муњсин ва янгањои њамроњаш омада њарчанд зорї карданд, ки аќаллан ба-рои расмгирї рўйи арўсро як лањза кушоянд, волидонаш ва худи Замира розї нашу-данд. Муњсин орзу дошт, ки арўсаш куртаи сафеди арўсї ва фатта пўшад, вале Замира њавасњои ўро ба хоки сиёњ як-сон кард. Худашро чодарпеч кардани арўсаш ўро сахт ба ѓазаб оварда бошад њам, хо-тири муњаббати покаш ба За-мира чизе нагуфта, лаб газид. Домоду арўси чодарпеч мисли ду бегона пасопеш ба мошин нишастанд, зеро духтар наме-хост, ки Муњсин дасташро до-рад. Корвони мошинњои зебо орододашудаи арўсї аввал ба идораи загс, сипас љониби та-рабхонаи бошукўњ равон шуд. Њофизон бо суруди «Ёр-ёр» ва хешу табори навхонадо-рон бо ќарсакњои бардавому нидоњои муборакбодї келину домодро пешвоз гирифтанд. Номдортарин њофизон дар тўй иштирок намуда, базмро тарабобод карда бошанд њам, дили домод худ аз худ сиёњї оварда аз он дарак медод, ки нохушие думболагирашон аст.

Мењмонони аз тарафи арўс омада низ ким чї

хел нороњат менаму-данд.

арўс дар таги чодар зоидПас аз тамом шуда-

ни тўй корвони мошинњои арўсї љониби хонаи до-мод равон шуд. Модари Муњсин дар пеши пойи келинаш ќолини калони гаронбањоеро пойан-доз андохта ба сараш ќанду ќандалот пошид, то зиндагиашон ширин шавад. Бо риояи њама

расму оин арўсро ба хо-наи бахташ дароварданд ва домод бо иљозати пайвандо-ни њамсараш ба берун баро-мад. Замираро зери чодари арўсї дароварда оташи алови дегдонро даргирон карданд, то кабоб пухта, маросими рўбинонро гузаронанд, вале њамин дам садои оњу воњи келин баланд шуда, њамаро ба њайрат овард. Янгањои њамроњи арўс омада, хешу табори домод ва мењмонњои бегонаро аз хона бароварда, дарро аз дарун мањкам кар-данд. Дар хона танњо модари арўс ва хешованди наздикаш монданду халос. Модари до-мод саргарми давутози худ ба ин мољаро ањамият надод, вале баъди ним соат хаба-ри шуме барќсон пањн шуда, њамаро талхакаф кард. «За-мира дар таги чодар таваллуд кардааст» гўшакї мекарданд мењмонњои аз тарафи арўс омада бо њамдигар. Акнун маълум шуд, ки чаро мода-ри арўс њамаро аз хона бе-рун кардааст. «Кошкї замин мекафиду маро ба ќаъраш мекашид, то ба чунин рўзи сахт гирифтор намешудем. Ин духтар маро шарманда кард! Падараш пўстамро аз танам људо мекунад» гўён, модари Замира сару рўяшро мекан-ду чунон боалам нола мекард, ки гўё духтараш мурда бо-шад. Падару модари Муњсин аз шармандагї сарашонро аз замин бардошта наметавони-станд. Тўйхона ба мотамхона табдил ёфт. Падари домод, ки марди баномус буд, тоби расвоии келинро накарда ба сактаи дил гирифтор шуд. Муњсини љигарсўхта падари бењушу беёдашро, ки лабо-наш каб-кабуд шуда буданд ва танњо рамаќе аз љон дошт, бо чашмони ашколуд ба моши-ни љўрааш бор карда, ба бе-морхона бурд. Модараш дар хона монда њам барои номуси барбодрафтаи писараш мено-лиду њам барои шавњараш, ки дар дами марг буд, зор-зор мегирист. Арўси бевиљдону берањму бе шарм дар таги чодар бо тифлаки навзодаш ба ноз хобида буд ва њатто эњсоси пушаймонї намекарду аз ањли оилаи домод бахшиш пурсидан ба гўшаи хаёлаш њам намеомад…

(Давом дорад)Гулнисои Њикматулло

АрўС дАр ТАги чодАр зоид

«замира дар таги чодар таваллуд кардааст» гўшакї мекарданд мењмонњои аз тарафи арўс омада бо

њамдигар. «Кошкї замин мекафиду маро ба ќаъраш мекашид, то ба чунин рўзи сахт

гирифтор намешудем. ин духтар маро шарманда кард! Падараш пўстамро аз

танам људо мекунад» гўён, модари замира сару рўяшро меканду чунон боалам нола мекард, ки гўё духтараш мурда бошад.акнун маълум шуд, ки чаро модари арўс

њамаро аз хона берун кардааст...

Page 13: оила шумораи 20

№20 (744) 21.05.2014 13аз рузгори ситорањо

Шавњарам аз љангу љанљолњои бењудаи модару хоњараш безор шуда, кори му-аллимиро партофту ба Русия мардикорї рафт, то љонаш аз ѓавѓои хона осояд. Пеш аз раф-тан хоњиш намуд, ки ба хотири муњаббати покамон бо модару хоњараш муросо кунам ва таъ-наю пичингашонро нодида биги-рам. Пас аз рафтани шавњарам ањволам боз њам бадтар шуд. Субњи содиќ аз хоб бархоста, тамоми кору бори хонаро ме-кардаму баъд ба мактаб ме-рафтам ва пас аз кори давлат то як поси шаб мељумбидам, то хушдоману хоњаршўям ягон ай-бамро наёбанд, вале боз њам барои љанљол бањона меёф-танд. Шабњо њамагї ду соат хоб мекардам, бар асари бехобию кори вазнину асабоният ранги рўям паридаю зањир гашта, хеле лоѓар ва бемор гашта будам, вале аз тарси хушдоманам лаб ба шикоят намекушодам. Хуш-доманам ончунон алови чаш-мамро гирифта буд, ки худаш он тараф, сояашро бинам, дасту пойњоям ба ларза медарома-данд. Субње як шогирдам, ки ба-чаи бисёр шўх аст ва дар синфи 11 мехонад, «Гопи омад» гўён, сўйи ман ишора карда хандид. Дигар њамсинфонаш низ баро-бараш хандиданд. Базўр онњоро ором карда, дарсро гузаштаму бо табъи гирифта аз синфхо-на баромадам. Дар роњрав боз чанд талабаи дигар «Гопи Гопи» гўён, маро масхара карданд. Чашмонам њавзи об гашта ба кабинети директор даромадам ва гуфтам, ки аз кор меравам. Директорамон, ки зани бисёр хирадманд аст, сабаб пурсид. Гуфтам, ки талабањо маро Гопи гуфта масхара мекунанд. Ба ла-баш табассум дамид. -Шогирдо-нат бало-дия! Ягон чиз аз наза-рашон дур намемонад. Бесабаб туро Гопї нагуфтаанд,-гуфта хандид.

Аламам бештар шуд ва ќањролуд аз утоќаш баромаданї шудам. Директор оби чашмо-нашро, ки аз шиддати ханда баромада буданд, пок карда аз ман узр пурсид ва дубора ба ни-шастан таклиф карда, фањмонд, ки Гопи ќањрамони филми нави њиндї «Хушдомани золим» ме-бошад, ки рўзгораш ба зиндагии оилавии ман монанд аст. «Бо-вар накунї, худат тамошо кун» гўён, муаллима дискро мон-данд. Њангоми тамошои филм дилам чунон ба Гопи сўхт, ки оби чашмонам љорї шуд. «Ин филм-ро ба хушдоманат бар. Шояд баъди тамошояш одам меша-вад»- маслињат дод директор, вале ман аз тарс дараќ-дараќ ларзида гуфтам, ки дар ду дунё ин корро намекунам, чунки хуш-доманам пўстамро аз тан људо мекунад. Муаллима гуфтанд, ки худашон илољи корро меёбанд.

Њамон рўз баъди дарсњо директорамон хушдоманамро «хабаргирї» омаданд ва гўё дар омади гап филми нави њиндиро тамошо карданд. Наќли муалли-ма чунон таъсирбахш буд, ки хушдоманам баъди рафтани мењмон ба дасти наберааш пул дода ба дўкони дискфурўшї равон кард, то «Хушдомани золим»-ро биёрад. Ман њуќуќи телевизор тамошо кардан на-доштам, бинобар ин, аз паси

кору бори хона шудам. Филм ба очаю духтар чунон хуш омад, ки њамон рўз њатто хўроки шома-шонро нахўрда, то соатњои дуи шаб «Хушдомани золим»-ро та-мошо карданд. Косаю табаќњоро шустам, бачањоямро хобондам, љомашўї кардам, баъд сари миз нишаста, дафтарњои санљиши шогирдонамро кушода, аз пайи тафтиш шудам. Дафтари охи-ринро хонда истода будам, ки овози хушдоманам баланд шуд. Ба поям ларза афтида, барќсон аз майнаам гузашт, ки њозир хушдоманам «барќро бењуда сарф мекунї» гуфта ба сарам чормаѓз мешиканад ва љаста аз љоям бархостам, то чароѓро хомўш кунам, вале ѓайри интизор модаршўям бо чењраи хандон ба утоќи ман даромад ва «дух-тарам, чаро худатро ин ќадар азоб медињї?! Кору бор гурехта намеравад, хез, тезтар рафта хоб кун» гўён, маро ба оѓўш ги-рифт. Мењрубонии хушдоманам ба ман чунон таъсир кард, ки чашмонам њавзи об шуданд ва «очаљон» гуфта, модаршўямро ба оѓўш гирифтам.

Аз њамон рўз сар карда, хушдоманам дубора ба ман мењрубон шуд ва зиндагиамон ширин гашт. Бо ќайсингилам низ акнун муносибатам хуб аст, мо мисли ду хоњар ба њамдигар мењрубонем ва дар њама кор дастгиру мадагор. «Хушдомани золим» ќайсингилу модаршўямро аз нав тарбият намуда, боиси парвози мурѓи бахт дар фазои манзиламон гашт, аз ин рў мехоњам бо во-ситаи њафтаномаи «Оила» ба онњое, ки ин филми таъсирбах-шро ба забони тољикї тарљума карданд, изњори сипос намо-ям. Хуб мешуд, ки «Оила» мо-хонандагонро бо Гопии тољикї ошно созад.

Бо эњтиром: Мављуда Салимова, омўзгор.

Номаи Мављудабону ва

зангњои бешумори дигар хонан-

д а -гонамон моро

ба он водор намуд, ки ба љустуљўйи эљодкороне афтем, ки «Хушдомани золим»-ро ба тољикї тарљума кардаанд. Роњ пеш гирифтем ба студияи

"Аљам". Малоњат Абдуллоева, њунарпешаи мањбуб ва сарвари гурўњи эљодї моро бо чењраи ку-шода пешвоз гирифта, баробари шунидани матлабамон дарњол духтаракеро даъват намуданд, ки ба наќши Гопи овоз дода-аст. Ин бонуи њунарманд На-

сиба Зайниддинова, донишљўи соли дуюми факултаи таърихи Донишгоњи миллии Тољикистон будааст.

-Насибахон, аз афташ ягон таѓої зўр доред, ки ин наќшро аз актриссањои касбї кашида гирифтед?

-Таѓои зўри ман мењри кўдакиам ба њунари актёрї аст. Аз хурдсолї орзу доштам, ки ак-трисса шавам, вале дар дењаи дурдасти кўњистон касе иљозат намедињад, ки духтараш ба санъат сару кор бигирад. Ман зодаи ноњияи Нуробод њастам ва аз дењаи мо кам андар кам духтарон барои тањсил ба пой-тахт меоянд. Бо шарофати мак-табро аъло хатм намудан бахт ба рўям хандид ва ман бо кво-таи президентї ба факултаи таърихи Донишгоњи миллї до-хил шудам.

-Магар барои ба филми «Хушдомани золим» овоз до-дан байни донишљўён озмун-кастинг эълон карда буданд?

-Не, ман бо кўмаки Малоњат Абдуллоева ин наќшро соњиб шудам.

-Мана, таѓои зўр доштаед-ку! Бо Малоњатбону хешу та-боред?

-Хешу табор нестем, вале ман Малоњатбонуро бештар аз хоњар дўст медорам. Спектакли телевизионии «Њаёт ва ишќ»-ро тамошо карда, мухлиси ашад-диашон гашта будам ва як умр орзу мекардам, ки Малоњат Аб-дуллоеваро аќаллан як боракак бубинам.

-Малоњатро кофта-кофта

ба хонаашон рафтед?-Не, як рўз дар ошхона таом

хўрда нишаста будем, ки Ортиќи Ќодир омаданд. Ба устод салом дода, маќсадамро гуфтам. Он кас таббасум карда, раќами те-лефони Малоњатбонуро доданд. Занг задам. Малоњатбону маро ба наздашон даъват карданд ва њини сўњбат гуфтанд, ки як фил-ми навро бояд тарљума кунанду овози ман мувофиќ меафтад. Њамин тавр «Гопи» шуда мон-дам.

-Шумо ваќти овоздињї њам гиря мекунеду њам хан-

да, чї гуна бо садо тасвир кардани содагии кўдаконаи Гопи муяссаратон мегардад?

-Одам кореро аз тањти дил ба сомон расонад, њатман ба маќсад меравад. Бисёр кўшиш мекунам, ки дунёи аз њад зиёд сода, вале поку беолоиши ин ятимдухтаракро, ки аввал ба љабри янгаю, сипас ба зулми хушдоман гирифтор шуда-аст, ба бинандагон бо садоям фањмонам.

-Манзури ман чизи дигар буд. Мегўянд, ки агар одам

дард надо-шта бошад, дарди дига-ронро тас-вир карда ё нишон дода н а м е т а в о -над.

- А к н у н маќсадатонро ф а њ м и д а м . Ман як муд-дат аз падар дур будам, тез-тез хумори дидорашон мегирифту аз модарам пинњонї гиря ме-кардам, то оби чашмамро дида, ѓусса нахўранд. Шояд њамин чиз ба овоздињиам дар наќши Гопи таъсир карда бошад.

-«Гопи» буданатонро ода-мони оддї њангоми сўњбат пай мебаранд?

-Боре ба бозор харидкунї рафтам. Матое бисёр писан-дам омад ва аз фурўшанда, ки зани калонсоле буд, нархашро пурсидам. Њуши тољирзан аз афташ ба ким-чизи дигар банд буд, ки ба ман эътибор надода садо баланд кард: «Ба гўшам овози Гопи расид, кї телеви-зор монда бошад?» Худамро дошта натавониста хандидам. Тољирзан норозиёна ба ман ни-гариста, бо ќошу ќавоќи овезон пурсид: «Чаро механдї, духта-рак?» Оњи сабуке кашида гуф-там: «Холаљон, Гопи не, ман нархи ана њамин матоъро аз шумо пурсидам. Ваќтам кам аст, илтимос, тезтар бањояшро гўед, агар пулам расад, мехарам.» Фурўшанда дањонашро бо кафи дастонаш пўшида нидо кард:

«Воњ, рўям сиёњ, охир ин худи Гопи аст! Духтарам Гопиї?!» Та-бассум карда гуфтам: «Холаљон, Гопи нестам, вале ба наќши вай овоз додаам.» Тољирзан ба ман офарин хонда, гуфт, ки «Хуш-домани золим» духтарашро аз хонавайронї наљот додааст. Домод бо амри модараш дух-тари ўро ба хонаашон оварда партофта будааст ва шаш моњ зану фарзандонашро суроѓ на-кардааст. Пас аз тамошои фил-ми «Хушдомани золим» худи хушдоманаш омада духтараш-ро бурдааст. «Духтарљон, кайњо ният доштам, ки кофта-кофта студияатонро меёбаму ба шу-моён рањмат мегўям, вале њељ дастам намерасад. Имрўз Худо-ванд худаш туро ба назди ман овард» гуфта, матои писандида-амро ба ман њадя кард. Дигар савдогарон њам ба ман њар гуна тўњфањо дода, барои чунин фил-ми тарбиявї ташакур гуфтанд.

-Таќдири ояндаи Гопи чї мешавад?

-Мутаассифона, ман њам инро намедонам. Ба ман танњо њамон ќисми лозимиро барои овоздињї медињанду халос. Њамсабаќонам ва духтароне, ки дар хобгоњ бо ман дар як њуљра зиндагї мекунанд, гаштаю бар-гашта мепурсанд, ки зиндагии Гопи бо шавњараш чи мешавад, намедонам мегўяму дар бало мемонам. Бовар намекунанд, ки ман њам чї шудани давоми филмро намедонам ва мисли мухлисон интизор мешавам, ки кай идомаи филм ба дастам ме-расад.

-Бархе чунин андеша до-ранд, ки филми «Хушдомани золим» тарѓибгари зўроварии хонаводагист…?

-«Хушдомани золим» агар хусусияти тарбиявию ахлоќї намедошт, њељ гоњ Малоњат Аб-дуллоева, Мунира Њакимова, Саодат Азизова, Ортиќи Ќодир, Ќиёмиддин Чаќалов барин чењрањои шинохта барои овоз додан дар ин филм розї на-мешуданд. Њар яке аз ин санъ-аткорон таљрибаи бойи чандин-

сола ва дунё худу мактаби хосаи худро доранд ва медонанд, ки ка-дом филм ба та-мошобин ѓизои маънавї мебах-шаду кадомаш з ў р о в а р и р о тарѓиб намуда, ахлоќи љомеаро вайрон мекунад.

-Шояд ин як навъ њасад аст?

-Шояд, вале ман аминам, ки касони «Хуш-

домани золим»-ро тарѓибгари зўроварии хонаводагї меноми-да худашон чандон ба маънии филм сарфањм намераванд ё аслан ин филмро тамошо на-кардаанду танњо гапњои кўчагї мегўянд. Њайронам, ки чаро зид-ди филмњои амрикої, ки саропо фањш ва шањвату зўровариянд, исён намекунанду ин филми тар-биявиро бадном карданї меша-ванд. Мо мехоњем ё намехоњем, фазои холии синамои тољикро филмњои дигар кишварњо пур мекунанд. Бењтар нест, ки ба љойи филмњои саропо урёни ѓарбї филмњои ахлоќии туркию њиндиро мардум тамошо кар-да, панд бигиранд. Диќќат дода бошед, дар ягон љойи «Хушдо-мани золим» сањнаи урён нест ва ќањрамонњо сухани аз одоб берунро ба забон намеоранд. Бояд мардонавор иќрор шавем, ки синамогарони Њиндустон чан-дин фарсах дур рафтаанд ва филмњояшон дар кишвари мо тамошобинони сершумор до-ранд.

-Саломат бошед! Бароя-тон парвозњои нав ба нави эљодї таманно дорем!

Р. Холов

«ХуШдоМАни зоЛиМ» ХуШдоМАнАМро Мењрубон кАрдмуњовара бо гопии тољик насиба зайниддинова

Пешаам омўзгорист.

дар мактаби миёна муаллима шуда

кор мекунам. замони донишљўї як

њамсабаќамро дўст доштам ва бо

ризоияту

дуои неки волидонамон мо риштаи

таќдирамонро пайвастем

. хушдоманам

бо ман муносибати хуб дош

т, вале баъди

хонавайрон шуда баргаштани духтараш

пўстинашро чаппа пўшид. ќайси

нгилам ба

њар як кори ман эрод г

ирифта, шўрандозї

менамуду модараш рўзамро сиёњ мекард...

Page 14: оила шумораи 20

№20 (744) 21.05.2014 14

Сокини шањри Кўлоб ва соњиби ду фарзандам.

Зиндагї маљбурам намуду њамроњи шавњарам

Россия мардикорї рафтам. Корамон чандон

вазнин набуд, вале дандондард ба сарам бало

овард. Бе суѓурта ва ќайд дар он љо табобат

гирифтан бисёр душвор будааст. Пора дода,

дандонамро кандаму худоро шукр гуфта, ба

хобгоњамон омадам, вале чї мегўед, ки пас аз

ин њолам бад шудан гирифт. Беморї оќибат

маро аз по афтонд ва дигар чора наёфта ба

Ватан баргаштам. Ба назди табибон рафтам.

Духтурњои номдор ташхис гузаронда, гуфтанд,

ки ман ба гепатити С гирифтор шудаам. Саба-

би ба ин беморї гирифтор шуданамро табибон

дар дандонканї мебинанд. Дандонканї бо гепа-

тит чї алоќа дорад? Гепатит чї гуна беморист,

ки касе касалиамро шунавад, дарњол аз ман дўрї

мељўяд? Магар ин касалї гузаранда аст? Бо усули

халќї гепатитро табобат карда мешавад ё не?

Зайнаб, сокини ш. Кўлоб

мадади сино

Ба саволњои Зайнаб ва ди-гар хонандагонамон мо аз ди-ректори Маркази тибби ќадим Худойбердиев Шўњрат Эшоно-вич посух љўстем.

-Гепатит чї гуна беморї аст?

-Гепатит ба гурўњи беморињои сироятї дохил шуда, кори љигарро вайрон мекунад. Айни замон њафт намуди ин беморї маълум буда, дар кишвари мо бештар навъњои гепатити А, В, С, D ва Е ба ќайд гирифта меша-вад. Барангезандаи беморї вирусњое мебошанд, ки ба гурўњњои гуногун дахл доранд.

-Байни ин намудњои гепа-тит чї фарќият њаст?

-Ба гепатити А ва Е бештар кўдакон гирифтор мешаванду ба гепатити В,С ва D калонсо-лон. Гепатити вируси А беш-тар кўдакони аз 1-сола болоро домангир мешавад, вале аф-роди то 28- сола гирифтори ин навъи беморї гашта мета-вонанд.

-Беморї бо кадом роњњо аз одами бемор ба шахси со-лим мегузарад?

-Гепатити вирусии А беш-тар бо роњи њаво, об ва даст аз шахси бемор ба шахси со-лим мегузарад. Дандон кан-дан њам метавонад одамро ба гепатит гирифтор намояд, барои њамин, ваќти ба назди дандонпизишк ва ё барои гу-заронидани сўзандорў рафтан хеле эњтиёт шудан лозим аст, то асбобу сўзанњои дар дигар беморон истифодашударо ду-бора ба кор набаранд. Њар кас бояд ришгирак ва шонаи шах-сии худро дошта бошад.

-Гуфтед, ки ба гепатити А бештар кўдакон гириф-тор мешаванд, аломати ин бемориро ёдрас шавед, то модарон њушёр бошанд?

-Аломатњои бемории ге-патити вирусии А-њарорати баланд, атса ва сулфа буда, ин касалї ба зуком шабоњат дорад, аз њамин хотир акса-ран аз оѓози касалии гепатит бехабар мемонанд. 3-4 рўз пас ранги бемор зард шуда, дилбењузурї ва ќайкунї сар мешавад. Иштињо гум меша-вад. Инњо нишонањои вазнин шудани њолати кўдаканд ва тифли бемор дар ин маврид њатман бояд дар беморхона бистарї кунонда шавад. Па-дару модарон бояд ба са-ломатии фарзандонашон бепарво набошанд ва баро-бари мушоњида намудани нишонањои беморї, хоса таб-би баланд кўдакро зуд назди духтур баранд. Хун ва пешо-би кўдакро фавран бояд ба-рои ташхис супорид, то сари ваќт иллати бемориаш аниќ шаванд ва духтур табобатро оѓоз намояд.

-Њама намудњои гепатит бо як роњ мегузарад?

-Не, гепатитњо бо роњњои гузаришашон фарќ мекунанд. Ба гепатити вирусии В беш-тар калонсолон гирифтор мешаванд, аммо имкони ба ин касалї гирифтор шудани кўдакон низ њаст. Ин намуди гепатит тавассути сўзандору, хун, њангоми табобати дан-дон, дар ваќти алоќаи љинсї, њамчунин аз модари бемор дар

ваќти њомиладорї ба тифли батнаш мегузарад. Аломати гепатити вирусии В њарорати баланд, дарди буѓумњо, зард-шавии пўсти бадан, калонша-вии љаљми љигар, бемадорї, дилбењузурї ва ќайкунї мебо-шад. Аломатњо ва роњњои гу-зариши гепатити вирусии С ба гепатити В монанд аст. Бештар нашъамандон ва фоњишањо ба гепатитњои навъї В ва С гирифтор мешаванд.

-Гепатитро дар хона та-бобат карда мешавад?

-Не, њангоми аниќ шуда-ни вируси гепатит њељ гоњ ба худмуолиља роњ додан мумкин нест, чунки оќибатњои ногуво-реро ба бор оварда метаво-над. Бо гепатит шўхї карда на-мешавад, хеле љиддї бояд аз пайи табобати ин касалї шуд.

-Дар њолати сари ваќт табобат нагирифтан беморї чї оќибатњои но-

хуш оварда метавонад? -Гепатити вирусии В ва С

сари ваќт табобат карда на-шавад, ба гепатити музмин мубаддал мегардад, ки табо-баташ бисёр мушкил аст. Дар натиља кору фаъолияти љигар суст шуда, оќибат ба норасо-ии љигар ё ба бемории сироз оварда мерасонад. Таъсири ин беморињо аз саратон њам зиёдтар буда, метавонад бе-морро то ба марг расонад.

-Тибби ќадим ќудрати табобат кардани гепати-тро дорад?

- Мо, тољикон наберагони Сино њастем ва Абў алї ибни Сино, ки дар љањон њамчун па-дари илми тиб шумурда меша-вад, гуфтааст:

Аз ќаъри гили сияњ то ављи зуњал,

Кардам њама мушкилоти гетиро њал

Берун љастам, зи банди њар макру њиял,

Њар банд кушода шуд, магар банди аљал.

Ин суханони Синои бузург аз он гувоњї медињанд, ки тиб-би ќадим ба љуз марг дигар давои њама дардњост. Таби-бони Маркази тибби халќї устоди кори хеш гаштаанд. Ба маркази мо гирифторони бе-мории гепатит бисёр мурољиат менамоянд. Ман ва табиби мардумї Шарифљон Саид-шарифов асарњои зиёдеро мутоила намуда, барои табо-бати гепатит доруњои махсус тайёр кардем. Чанд нафар аз ин доруњо аллакай шифо ёф-танд. Фарќияти доруњои мо аз доруњои кимиёвї дар он аст, ки мо вобаста ба мизољи њар як бемор доруро тайёр меку-нем. Аз њамин сабаб беморон

тезтар шифо меёбанд.

-Мегўянд, ки сари ваќт аниќ кардани гепатит би-сёр душвор аст?

-Не, душвор нест. Имрўз илми тиб тараќќї кардааст ва бањри ташхиси беморї ваќти зиёд лозим нест. Дар Тољикистони худамон тамоми дастгоњњои ташхисї барои му-

айян кардани навъњои гепатит вуљуд доранд. Њар кас метавонад сари ваќт касалашро аниќ со-зад, вале мушкилот дар љойи дигар аст. Гириф-торони гепатит кўшиш мекунанд касалиашон-ро аз дигарон пинњон доранд. Шарм меку-нанд ё метарсанд, ки мардум аз онњо њазар мекунанд. Бемор набо-яд чунин рафтор кунад,

баръакс одами ба гепатит ги-рифторшуда вазифадор аст, ки тамоми ањли оилааш ва дигар одамонеро, ки бо ў дар иртиботанд, огоњ намояд, то касалї ба дигарон нагузарад.

-Гирифторони гепа-тит бояд аз чї парњез на-моянд?

-Риоя кардани парњез ба-рои гирифторони гепатит шар-ти муњимтарини табобат аст. Ба ѓизоњое, ки аз онњо парњез кардан лозим меояд, дохил мешаванд:

1. Хўроки бирён2. Аз равѓани њайвонї3. Тезї, шўрї ва ширинињои

баланд4. Аз донагињои бодан-

гез

-Чаро бештар дар фасли тобистон гепатити А-зарпарвин хурўљ меку-над?

-Дар фасли бањор имуните-ти одам паст мешавад. Ма-сунияти бадан, ки паст шуд, бо андак бепарвої касалињои гуногун ба одам мечаспанд. Таваљљуњ карда бошед, баро-бари гарм шудани њаво тала-боти одамон ба об зиёд шуда,

аксарият аз кўча њар гуна обњоро менўшанд ва њатто ба тифлаконашон менўшонанд. Савдогарон сатили пуроберо дар наздашон гузошта ба тав-ри худ стаканњоро дар њамин об гўё мешўянду ба мизољон об рехта медињанд. Аз як ис-такон њазорон об менўшанд ва табиист, ки дар он миён одамони бемор њам њастанд. Њамин як чизи оддї-обнўшї метавонад боиси касал шудан гардад.

-Пас мародум об нанўшанд?

-Ман намегўям, ки одамони ташна об нанўшанд, нўшанд, вале аз зарфњое, ки як мароти-ба истифода бурда мешаванд. Модарон барои кўдаконашон дар сумка оби љўшидагї ги-рифта гарданд, бењтар аст.

-Модароне, ки кўдаконашон аллакай ба ге-патити А-зарпарвин ги-рифтор шудаанд, бояд чї кор кунанд?

-Ман дар бораи муолиљаи бемории зарпавини вирусї та-вассути гиёњњо каме маълумот медињам.

А) Љавдор-1 њаб 0,5 млгр, 1 маротиба-15 рўз, як рўз баъд

Б) Парпї-1 њаб, 0,5 млгр, 1 маротиба-15 рўз, як рўз баъд

В) Донаи бодоми талх-1 донагї 3 бор, 21 рўз

Г) Решаи ордкардаи зе-лол -0,5 млгр 1 бор, сањар, 21 рўз

Д) Мухаллас-1 ќошуќчаи майда дар 400 гр об дар

термос чой дам карда, се бор менўшанд.

Е) Ширинбия-0,5 млгр 3 бор 1 моњ.

-Баъди истеъмоли ин доруњо бемор чї дигаргунињоро эњсос меку-над?

-Таркиби биохимиявии хун ба эътидол меояд. Титри ви-рус ба дараљаи паст мера-вад. Кори љигар ба танзим медарояд. Варамњои љигар ва испурч тањлил мешаванд. Бемор худро наѓз эњсос ме-кунад. Сафро (холестерин)

паст ва асаб ором мешавад. Кори узвњои њозима ба эъти-дол медарояд. Хатари сиро-зи љигар бартараф мешавад. Кори ѓадуди зери меъда наѓз мешавад.

-Давоњо чанд намуд до-ранд?

-Давоњо 12 намуд доранд.

-Њама касони гирифтори бемории зарпарвин аз ин гиёњдавоњо истифода бур-да метавонанд?

-Бори дигар таъкид менамо-ям, ки дар табобат донистани миљоз барои табиб вољиб ме-бошад.

-Ба ѓайр аз чизњое, ки гуфтед, бемор боз кадом ќоидањоро бояд риоя намо-яд?

-Ба беморон аз орди кадуи талх, ки дар оби љўшонида мешавад, 1 рўз баъд оббозї фармуда мешавад. Касоне, ки ба гепатити А гирифтор шуда-анд, бояд муддати шаш моњ аз корњои вазнини љисмонї худдорї намоянд.

-Барои маслињатњои суд-мандатон ташаккур!

Р. Холов

ТАбобАТи ХАЛќии гепАТиТ

ба гепатити вирусии в

бештар калонсолон гирифтор мешаванд, аммо имкони ба ин касалї гирифтор шудани кўдакон

низ њаст. ин намуди гепатит тавассути сўзандору, хун, њангоми табобати дандон, дар ваќти алоќаи љинсї, њамчунин аз модари бемор дар ваќти њомиладорї ба тифли батнаш мегузарад. аломати гепатити вирусии в њарорати баланд,

дарди буѓумњо, зардшавии пўсти бадан, калоншавии љаљми љигар,

бемадорї, дилбењузурї ва ќайкунї мебошад.

Page 15: оила шумораи 20

№20 (744) 21.05.2014 15зан ва мард

Тањияи Мењрубон

табиати мард чунин аст, ки ќабл аз коре кардан чанд бор месанљад. чунин рафторро дар кўдакону сагњо низ дидан мумкин аст. дар муносибати байни марду зан низ айнан њамин њодиса рух медињад. мардњо кўрпаро ба рўйи худ кашида, мехоњанд зери он аз одаму олам панањ бубаранд.

Агар шумо ба ин рафтораш диќќат дињед, мард бо кадом роње набошад, озодї мељўяд. Дергоњ аз мард хату хабаре наояд, тавре вонамуд кунед, ки парво надоред. Рафтора-тон мардро ба ташвиш мео-рад, ки оё дар набуданаш фи-кри ўро дар сар доштед ё не?

Мањз бо њамин сабаб мард ба шумо диќќат медињад, чун-ки аз ў вобаста набуданатонро эњсос менамояд. Њељ гоњ аз мард напурсед: «Чаро ба ман занг назадї? Чаро як њафта гум шудї?» Тавре вонамуд кунед, ки умуман аз занг на-заданаш парво надоред, мард дарњол ба шумо таваљљуњ мекунад. Чаро? Барои он ки мард аз моли дигаре шудани бонуи нозанинаш метарсад. Нома нанависед. Бовар кунед, бо ин амалатон мардро гуре-зон мекунед. Ба њељ ваљњ сари роњи мардро гирифта, барояш тўњфа таќдим накунед. Мард гумон мекунад, ки шумо њатто як рўз бе ў зиста наметавонед.

ба мард начаспед

Агар аз мард вобаста бу-данатонро нишон дињед, мард

мегурезад. Табиатан ваќте мард чизеро ба даст оварда наметавонад, девона меша-вад. Мардњо њамеша он чи-зеро мехоњанд, ки барояшон дастнорас аст.

Ваќте мехоњад занро то-

беи худ созад, вале бону ѓурурро аз даст намедињад, дунёи мард таѓйир меёбад. Мард хаёлан орзу мекунад, ки чї сон ин ѓизоли саркашро ба дом афтонду моли худ со-зад ё бо ягон роњ диќќаташро

љалб намояд. Њамин ки бону аз мард вобаста буданаш-ро нишон дод, дарњол ќадру ќиматашро гум мекунад.

боз як ѓалати зан

Боз як ѓалати бонувон ху-дро паст заданашон аст. Зим-ни вохўрї бо мард дар бораи камбудињои љисми худ гап за-дан нашояд.

Њељ гоњ аз хушгўињои мард рў нагардонед. Хушомадгўињояшро њамчун чизи муносиб ќабул намоед. Шумо бояд ќадри худро до-нед ва ба њељ ваљњ ба хотири мард гузашт накунед. Њамеша ба худ иќрор шавед, ки дар љањон зани аз шумо бењтар нест ва ба ин гуфтањо сидќан эътимод намоед. Ваќте шумо ба ин гуфта боварї пайдо ме-кунед, мардатон њам бовар мекунад.

Касе ба бењтарин бу-дани шумо шубња дошта бошад, инаш мушкили ўст. Одатан мардњо собиќ маъшуќањояшонро дар њусну малоњат бењамто мешумо-ранд. Ба ногањ расми он хону-ми гумгаштаро бубинед, тал-хакаф мешавед. Саросема шуда, ибрози аќида накунед, вагарна мард ба њимоя мехе-зад. Бењтараш ин тавр гўед: «Ў зебо буд мегўї? Ња, шояд дар ин расм безеб афтода бошад».

Дар охир њаминро ќайд намудан мехоњем, ки барои мард дастрас нашавед. Ваќте зан мисли тўњфа ба оѓўши мард медарояд, беќадр ме-шавад.

чАро МАрд зАнг

нАМезАнАд?

Њунар аз нуќраю тиллою зар бењ,

Њунар аз мулку мероси падар бењ.

Ин шоњбайти Саъдии Шарозї баёнгари зиндагии рангини Ниги-на аст. Бори аввал Нигина Сатто-роваро ман дар озмуни телеви-зионии «Тарроњ»-и «ТВ-Сафина» тамошо карда, мафтуни њунари дастони сењрофараш гаштам. До-вталабони ин озмун хеле зиёд бу-данд, вале дар байнашон Нигина мисли нигини гаронбањое, ки ан-гуштарини зарринро зеб медињад, фарќ мекард ва њунараш њусну љилои ба худ хос дошт. Озмуни «Тарроњ» аслан майдони набар-ди дўзандагон буд, вале Нигинаи кўчакро панљ панљааш њунар бу-дааст. Дар баробари мањорати дўзандагї доштанаш њамчунин бофандаи моњир будани Ниги-наро шунида, аввал боварам наомад, ки њамин як духтарчаи хурдакак ин ќадар њунар дошта бошад, вале бо чашмони баста либоси кўдакона бофтанашро дида, моту мабњут гаштам. Аз њама аљибаш он буд, ки Нигина аз рўйи тарњи маъмулї не, аз та-хаюли худ либосњои зебою на-заррабо меофарид. Њамчуноне, ки шоир аз тахаюли худ шеъри ноб меофараду рассом тасви-

ри пурмаъно ва оњангсоз оњанги љонбахш эљод мекунад, Нигина низ либосњои меофаридаашро аз тахаюли худ эљод менамуд. Дўст доштам аз њамон ваќт ин дух-тараки абрўсиёњи кушодчењраро ва ќарор додам, ки албатта Ни-гинаро ёфта, асрори њунарашро пурсон мешавам. Хушбахтона ба наздикї чунин имкон даст дод.

Њангоми як сафар тасодуфан гу-зорам ба посёлкаи Айнии ноњияи Рўдакї афтид ва ба ёдам расид, ки Нигина хонандаи мактаби ми-ёнаи раќами 64-и њамин ноњия буд ва хонаашон бояд дар њамин наздикињо бошад. Кофта-кофта суроѓаи Нигинаро ёфтам. Гумон доштам, ки Фмењрубону самимї дарёфтам.

-Нигинаљон, бо чашмони баста аз ришта либосњои бисёр зебо бофтанат маро мафтун намуд. Ин њунарро

аз кї омўхтї?-Маро нангу номус бофан-

даи моњир кард. Боре аз мода-рам хоњиш намудам, ки бароям љўроби помирї бофанд. Намедо-нам њамон рўз табъи модарам аз чизе гирифтагию ѓазаболуд буданд ё ногоњ аз дањонашон ба-ромад, ки ба сарам дод зада гуф-танд: «Духтари калон шуда, шарм

намедорї, ки оча ба ман љўроб бофед мегўї?! Магар худат даст надорї? О худованд барои чї ба ту дасту панља ва чашму аќл до-дааст?!» Аламам омад, хеле ги-ристам ва ќасам хўрдам, ки агар дар бофандагї аз модарам нагу-зарам, њарду дастамро мебурам.

-Дар њаќиќат аз модарат гузаштї, чунки на модарат на каси дигар мисли ту бо чашми баста либос бофта наметавонад!

-Модарам њам бофандаи ху-банд. Бо чашми баста набофанд

њам, љўробу нимтанањои бофта-ашон шинам мебарояд. Ба њар њол, модарамро устоди худ ме-шуморам, чунки сухани њамон кас таъсир карду бофанда шудам.

-Куртаи танат ба либосњое, ки ситораи эстрадаи тољик Нигина Амонќулова дар сањна мепўшад, бисёр монанд аст. Њар ду Нигинањо либосњоятонро ба як дўзанда мефармоед-чї?

-Намедонам либосњои Ниги-на Амонќуловаро кї медўзад, вале куртаи танамро ман худам дўхтаам. Умуман, ягон либосамро ба дўзандањо бовар намекунам. Њамааш мањсули фикру њунари дасти худам аст. Матоъро худам интихоб мекунам, фасонашро фикр карда мебароям, пора меку-нам ва худам медўзам.

-Барномаи «Тарроњ» њунари туро ба мардум муаррифї намуд ё пештар њам мањорататро дар озмунњо намоиш медодї?

-Пеш аз озмуни «Тарроњ» Талабшоњ Муќимов маро ба мардум муаррифї намуда буд. Ман як умр аз бародари азизам Талабшоњ ва аз Фарзонаи Аб-дулло миннатдорам, ки ба ман имкон доданд њунарамро ба мар-дум муаррифї намуда, дигар духтарњоро бо њамин восита ба омўзиши њунар шавќманд гардо-нам.

-Воќеан, асрори њунаратро ба дигар

духтарњо ёд медињї ё ин сирри нињон аст?

-Ман бахил нестам, њар кї ба-рои омўхтани њунар наздам биё-яд, бо љону дил њар чї метавонам, ёд медињам. Марњамат духтарњое, ки шавќ доранд, бемалол ба раќами 919-53-30-44 занг зананд.

-Фаќат дўзандагию бофандагї мекунї?

-Шукри худованд, тамоми кору бори занона аз дастам меояд, торт ва чанд намуд самбўса мепа-зам, салатњои њархела тайёр ме-кунам... Кўрпадўзиро омўхтаниам.

-Аз рўзи дароз нишаста бофтан дилгир намешавї? Наход шавќи ба кўча баро-мада, њамроњи дугонањо чаќ-чаќ карда нишастан дар ди-лат пайдо нашавад?

-Аз чаќ-чаќи бењуда чї фои-да?! Ба надешаи ман панљ панљаи духтар бояд њунар бошад. Дух-таре, ки касбу њунар меомўзад, њељ гоњ хор намешавад! Мутаас-сифона, имрўз бархе аз духтарњо ваќташонро сарфи телефонбо-зию бекорхўљагї намуда, оќибат ба њар хел балоњо гирифтор мешаванд. Шахсан ман чандин духтарњоеро медонам, ки мањз бо сабаби телефонбозї њаёташонро бо дасти худашон сўхтанд.

-Ба њамсолонат чї маслињат медињї?

-Ба њама духтарњо маслињат медињам, ки ба рафторњои беаќлона роњ надода, ваќти ќимматашонро ба корњои ман-фиатоваре чун њунаромўзї сарф намоянд. Духтар аќлу тамиз ва одобу њанар дошта бошад, албат-та бахт худаш ба суроѓаш меояд.

-Панљ панљаат, ки њунар аст, аллакай чандин касон бо нияти хостгорї дара-тонро кўфтагистанд?

-Талабгорон бисёранд, вале ман њоло шавњар карданї нестам. Мехоњам њунарамро такмил дода, мисли Мукаррама Ќаюмова ном-дор шавам.

Нодираи Мањмадамин

нигина сатторова:

пАнљ пАнљАи дуХТАр бояд њунАр боШАд

Page 16: оила шумораи 20

№20 (744) 21.05.2014 16

Пешнињодњои худро тавассути телефони 238-53-35 ва почтаи электронии [email protected] ирсол намоед.Масъули сањифа

Cайфиддин Суннатї

оила ва ислом

Њар инсон барои муњофизат аз гармою сармо ва пўшонидани аврати худ ба либос эњтиёљ дорад. Либос бояд шинаму зебо ва тоза бо-шад. Њар кас мувофиќи фасли сол, ќудрату тавоної ва завќи худ либос мепўшад. Либос пўшидан низ одоби худро до-рад. Њангоми пўшидани либос аз рост (дасти рост, пои рост) ибтидо кардан суннат аст. Бояд либос пок ва шусташуда (намозї) бошад.

Шахси сарватманд вобаста ба дороии худ либос мепўшад. Ашхоси фаќир либоси нисба-тан арзон ба бар мекунанд. Либоспўшии кормандони соњањои гуногун аз њам фарќ мекунад. Масалан, њељ гоњ дањмарда мисли ошпаз ё сар-тарош хилъати сафед пўшида ба чарогоњ намеравад. Ё ин ки нонвой шиму костюму галстук баста ба танўр нон намечаспо-над. Ањли касбу њунар либоси махсуси худро доранд.

Илова бар ин барои мар-дони мусулмон дар њузури бо-нувон бо шортик ва ё брижаи варзишї гаштан аз рўи одоб нест.

Њазрати Умар (р) фарму-даанд, ки «аз ду навъ либос пўшидан парњез намоед: аз либоси шўњрат (фахр, такаб-бур) ва аз либоси пасту њаќир (жанда).

Модари муъминон њазрати Оиша (р) наќл мекунад, ки мар-де назди Расули Худо (с) омад, ки либоси жанда пўшида буд. Расули Худо (с) аз ў пурси-данд, ки «мол дорї?» Он мард гуфт: «Худованд аз тамоми навъи молњо бароям додааст».

Пас, Расули Худо (с) фар-муданд: «Чун Худованд ба бандаи худ чизе инъом намо-яд, мехоњад асари онро дар вай бубинад».

Дар ривояти дигар омада-аст, ки Расули Акрам (с) фар-муданд: «Либосњоятонро тоза намоед ва пок бисозед» (тоза

гаштани шумо) њоли бадро ба душманатон мебарад. Яъне, чун душманони ислом шумо-ро бо либоси покизаву ороста бубинанд, бадњолу нохуш ме-гарданд.

Дини мубини ислом пайра-вони худро ба риояи покизаги-ву зебо будан даъват мекунад. Њазрати Муњаммад (с) покиза-гиро бахши асосии дин эълон намудаанд: «Дин покизагист», њамчунин ишон фармудаанд: «Худованд љамил (зебо) аст ва љамол (зебої)-ро дўст медо-рад». Аз ин рў зебу зинат на ба хотири фахр, балки бояд ба хотири ризои Худо бошад. Дар либос исрофкорї наму-дан, яъне либоси ќиматбањо харидан, либосро харида-ну напўшидан ё хеле кам пўшидан љоиз нест. Либос на-бояд танг ва ё кўтоњ бошад. Зеро аз як тараф пўшидани либоси тангу кўтоњ макруњ бо-шад, аз тарафи дигар он ба саломатї зиён дорад. Зеро њаракати хунро дар бадан мушкил гардонида, ба пўст њаво намерасад. Пўшидани либоси синтетикї дар њавои гарм боиси араќкунї ва бадбўии бадан мешавад.

Бинобар ин дар фасли тобистон либоси пахтагину ба бадан муносиб пўшидан бењтар аст.

САвоби пўШидАни ЛибоСи ТозА

Дар китоби «Танбењул ѓофилин» омадааст, ки Манњули Шомї (р) фарму-дааст: «Касе ки шаб ба бистари худ бихобад ва бо худ њисобу китоби онрўзаашро бикунад, ки кори нек карда-аст, ё бад ва аз Худо маѓфират бихоњад, бораш сабук меша-вад. Агар ин корро на-кунад, мисли тољирест, ки мефурўшаду сарф мекунад, вале даромаду баромадро њисоб намекунад, то он ки рўзе муфлис (банкрот) мегардаду худ хабар намеё-бад».

Шахсе аз њакиме хоњиш кард, ки барояш насињате кунад. Њаким фармуд: «Бо парвардиго-ри худ ва махлуќи вай зулм ма-кун! Зулм бо Парвардигор ин аст, ки ту ризои Худовандро монда дар хизмати махлуќ машѓул гардї. Љафо бо мардум ин аст, ки ту дар маљлиси мардум бо бадї ёд карда шавї. Зулм бо мардум ин аст, ки ба ањкоми Ху-дованд ночиз назаркунї».

Дар як њадиси Расули Акрам (с) омадааст: «Бузургтарин гуноњ он аст, ки банда онро но-чиз шуморад ва хурдтарин гуноњ он аст, ки мардум онро бузург мепиндоранд». Шайх Абуллай-си Самарќандї (р) дар шарњи ин њадис чунин мефармояд: «Њар гоњ аз банда гуноњи хурде содир шавад, лекин вай онро азиму калон пиндорад, пас ин гуноњ назди Худованд хурду ночиз мегардад. Аммо ваќте банда гуноњеро содир намуда, онро ночиз шуморад ва онро пайва-ста такрор кунад, он гуноњаш кабира мегардад». Яъне, он

гуноње, ки дубора такрор шавад, ди-гар он хурд нест.

Аз касе ќарз ги-рифтану бо вуљуди

д о -

штани ќудрат онро

сариваќт адо накардан низ зулм аст. Бояд ќарздор аз бањри хўрдани ѓизову либоси ќимат гу-зашта, нахуст ќарзи худро адо намояд. Иброњими Адњам (р) мефармояд, ки барои ќарздор муносиб нест, ки то адо кардани ќарз нони худро бо равѓан тар карда хўрад.

Язид ибни Саира (р) ме-фармояд, ки дар дўзах соњилу канорањо мављуданд. Дар онњо моронеанд, ки монанди шуту-ранд ва каждумонеанд, ки мо-нанди хачир мебошанд. Ваќте дўзахиён фарёд мекунанд, ки азобашон ќабул шавад, онњоро ба соњил (канор)-и дўзах меба-роранд. Дар он љо дўзахиёнро морон печида зањр мезананд. Дўзахиён боз аз шиддати азоб фарёд мезананд. Сипас ба онњо хорише мерасад. Онњо худро ба љињати рафъи хориш чунон мемоланд, ки пўсташон аз тан људо мешавад. Њатто дар охир устухонашон намудор мегардад. Аз дўзахиён пурсида мешавад:-Оё ин хориш шуморо ба танг меорад?

Онњо аз шиддати хориш сахт безобита шуда мегўянд: -Оре.

Ба онњо гуфта мешавад:-Ин

азоб ба он хотир аст, ки шумо дар дунё ба муъминон зарар мерасонидед. Чунончи Худо-ванд Љалла Љалолуњу мефар-

мояд: «Мо ба он хотир азобро зиёд мегардонем, ки онњо фасод мекарданд».

Њазрати Умар (р) фар-мудаанд: «Барои як шахс ин ќадар зулм бас аст, ки агар дар вай ин се сухан

бошад: 1.Худ як кор меку-наду ба мардум дигар чиз

мегўяд. 2.Айби дигаронро ме-бинаду айби худро намебинад. 3.Ба мардум суханони фањшу бад гуфта, бо забон зарар ме-расонад.

Аз гуфтањои боло чунин бар-меояд, ки њар гуна зарар расо-нидан ба дигарон чї тавассу-ти забон ва чї тавассути даст зулм буда, боиси азобу уќубати

њиСобу киТоб бо нАфСи Худ

имрўз бисёрињо аз он шиква мекунанд, ки ахлоќи љомеа коста шудаасту эњтироми аз байн рафтааст. Яке аз сабабњои

бадахлоќии љомеа њодисањои мудњиши

солњои навадуми асри гузашта аст.

Бар асари љанги шањрвандї фаъолияти соњаи маориф фалаљ гашту кўдакону навра-сон аз тарбия дур монданд. Нооромї ва аз эътидол ба-ромадани вазъият унсурњои љинояткорро дар гуноњ кар-дан далер намуд. Шукри Худо, баъди мусолињаи миллї тинљиву оромї пойдор шуд, вале ахлоќи љомеа њанўз пур-ра бартараф нашудааст.

Таълиму тарбия кори тамоми љомеа аст. Дар за-мони шўравї дар тамоми муассисањо собиќадорон кор-мандони љавонро ба шефї мегирифтанду дар бароба-ри ёд додани кор ба љавонон одобу ахлоќи накўро тарѓиб менамуданд. Дар судњои рафиќона рафтори бади њамкоронашонро муњокима намуда, онњоро ислоњ месох-танд. Имрўз бошад бисёрињо аз рўи шиори «туро газад, маро чї ѓам?» амал мекунанд.

Дар дини мубини ислом чунин рафтор љоиз нест. Чунончи Расули Акрам (с) фармуда-анд: «Агар касе аз шумо кори шаръан мамнуъ ва њаромро бубинад, бояд онро ба дасташ таѓйир дињад. Агар бо дасташ онро таѓйир дода натавонист, бо забонаш (насињат кардан) онро манъ намояд (ба ислоњ даъват кунад). Ва агар бо за-бонаш низ онро манъ карда натавонист, бо ќалбаш онро бад бинад ва ин заифтарин шохаи имон аст».

Имом Тирмизї (р) аз Њузайфа (р) ривоят менамояд, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ќасам ба зоте, ки љони ман ба яди (дасти) ќудрати ўст, амри ба маъруфу нањйи аз мункар-ро ба љо меёред ва ё хавф аст, ки анќариб Худованд азоберо фиристад, ки баъд аз он барои халосї аз азоб дуо мекунед, вале дуоятон иљобат нахоњад шуд».

Абудовуд аз Љарир ибни Абдуллоњ (р) ривоят менамо-яд, ки Расули Худо (с) фарму-данд: «Агар дар байни ќавме шахсе ба корњои њарому гуноњ машѓул бошад ва он ќавм ќодир ба манъ карданаш бо-шанд, вале манъаш нанамо-янд, ќабл аз вафоташон њамаи онњоро Худованд ба азоби худ гирифтор хоњад кард».

АМри МАъруфро Аз ХонААТ оѓоз кун

њазрати Абуњурайра (р) як бор ба бозор ташриф оварда ба мардум гуфт: «Шумо дар ин љо машѓулед, њол он ки дар масљид меро-си Расули Худо (с)-ро таќсим мекунанд».

Мардум бозорро тарк на-муда ба масљид рафтанд. Баъди муддате аз масљид баргашта гуфтанд:-Эй Абуњурайра, мо дар масљид таќсимкунандагонро надидем.

Абуњурайра (р) пурсид:-Дар масљид чї дидаед?

Ањли бозор гуфтанд:-Баъзе мардумро дидем, ки Худо-ро зикр мекарданд, баъзењо Ќуръон тиловат менамуданд.

Абуњурайра (р) гуфт:-Мероси Расули Худо (с) њамин

аст.Алќама ибни Ќайс (р) ме-

фармояд, ки агар њар рўз субњ бо ман баъзе мардум рў ба рў гарданд, аз ман чизе пурсанд ва ман аз онон чизе бипурсам, бароям бењтар аст, ки дар роњи Худо сад тан муљоњидинро са-ворию маркаб бидињам.

Дар як њадиси шариф ома-дааст, ки агар як тоифа бо љамоат Худовандро ёд кунанд аз љониби осмон нидо меояд, ки «бархезед, бадињои шумо-ро ба некї мубаддал сохтем ва њамаатонро маѓфират на-мудем». Њар гоњ љамоате аз мардум бо нияти ёд кардани Худо биншинанд, пас љамоате аз фариштагон низ бо онњо дар он маљлис њамроњ наша-ванд.

МероСи рАСуЛи Худо (С)

Page 17: оила шумораи 20

№20 (744) 21.05.2014 17наход?!

Пешнињодњои худро бо тел: 238-53-35 ва почтаи электронии [email protected] ирсол намоед.Масъули сањифа Нодира Раљабова

КамПири СиГорКаш

љазо меГирадКампираки нафаќахўрро аз Милфорди иёлоти Огайо барои сигорро напартофтанаш аз хонаи истиќоматияш меронанд. Беу-ла Тумбси 89-сола бояд то охири њамин моњ манзилашро тарк намо-яд. Сабаб дар он аст, ки манзи-ли истиќоматии ў њамчун макони манъи сигор эълон шуда буд. Дар ин бора як сол ќабл ба кампири кайфї хабар дода буданд, вале ў њанўзам ин одати бадашро партоф-та наметавонад.

арўСи думетраДухтари ќадбаландтарини љањон, мо-

дели бразилиягї Элисани да Круз ба

пешнињоди дўстдоштааш Франкиналдо,

ки ду калла аз худаш хурд аст, розї

шуда, барои тўй омодагї мебинад. Да-

розии ќади Элисани 2,06 м асту аз домод

1,62. Азбаски арўс гирифтори бемории

омоси гипофез аст, аз он њарос дорад, ки

фарзанддор намешавад.

машруботи хушК

Палкогол ё хокаи машрубот мањсулоти нави амрикої буда, онро ба

хўроку нўшокињо илова мекунанд. Палко-голро Марк Филлипс ихтироъ намудааст. Их-тирокор аз бо худ ба сафар кашола кардани шишањои вазнин хаста шуда буд, бинобар ин, дуру дароз майна об карда, роњи њалли масъаларо ёфт. Акнун халтачаи машру-ботро кушода ба об каме аз ин хока

илова кардан кифоя аст, ки майи аълосифат тайёр шавад.

мор дар њољтахона

Аввали моњи май дар хонаи сокини шањри Синга-пур Нораслинда Асат њодисаи маѓшуш рух дод. Ваќте ки бонуи хонадон ба њољатхона медарояд, аз сурохии халољо мори думетрае баромада ба рони пойи зан ме-часпад. Аз ин њуљуми ногањонї Нораслинда ба дањшат омада бошад њам, морро аз баданаш канда мегираду ба беморхона мешитобад. Нораслинда мегўяд, ки ѓафсии мор баробари банди дасти шавњараш буд. Баъди ин њодиса бону љароњати равонї бардоштааст ва дигар аз њољатхонаи манзилаш истифода бурда

наметавонад.

духтари 8-Сола

доЯ шудВаќте бонуи 29-солаи амрикої Кристл Гар-

сиро пеш аз мўњлат дарди зодан гирифт, худро гум карда ба воњима афтид. Хушбахтона, духтар-чаи 8-солааш ба тавсияњои диспечери хадамоти наљот гўш дода, дояи модараш шуд. Агар дух-тарча њушёрї намекард, то омадани табибон

њолати зан бад мешуд. Ваќте табибон ба манзили онњо расиданд, аллакай

модараш писарча таваллуд карда буд.

77 Сол бо роллС-ройС

Аллен Свифт соли 1929 Ролле-Ройс харида дар давоми 77 сол танњо њамин мошинро рондааст. Ба-рои чунин садоќаташ ширкати ROIIS-Royse ба Аллен њайкалчаи булўринеро таќдим намуда буд, ки тимсо-лаш дар капоти тамоми Роллс-Ройс насб мешавад.

Ваќте Аллен 99-сола шуд, мошинаш ва бар замми ин миллион долларро ба осорхонаи Спринг-

филд таќдим намуд. Аллен соли 2005 дар синни 102-солагї фавтид.

ЃиљљаК аз тори

мўйРассоми англис Тадас Максимовас мўйи

дарозашро ба тори ѓиљљак мубаддал гар-

донд. Дар аввал Максимовас мўйро ба ан-

дозаи даркорї гирифта мебофаду барои худ

ришта тайёр мекунад. Баъдан ин мўйро дар

мањлули махсуси ба ширеш монанд тар ме-

кунад. Бо њамин тарз торњои мўй мустањкам

мешаванду дар асбоби мусиќї пайваст ме-

гарданд. Бо лоињаи аљибаш Тадас ба

љамъият исбот кардан мехоњад, ки агар

инсон хоњиш дошта бошад, аз

њама чиз мусиќї меофарад.

марде, Ки оњану шиша

мехўрадСокини Хитой бовар мекунонад, ки

наздики 30 сол боз хўрокаш танњо шиша, зарфњои чинї ва оњан аст ва ѓизохўрии булаљабаш меъдаашро ба бетону гулўяшро

ба пўлод мубаддал гардонидааст. Юншет Лонги 49-сола сї сол ќабл ба фурў бурдани мехњои оњанї сар кардааст. Вай аз њама бештар хўрдани мехњои оњанинро дўст ме-дорад ва хусусан мехњои нав сохташу-даи равѓанинро бо иштињо фурў мебарад.

Лонгро дар иду маросимњо њамчун «инсони булаљаб» муаррифї менамо-

янд. Юншет мегўяд, ки бо як хўрдан то 10 кг керамика, мех ва

шишаро фурў мебарад.

20 Сол дар љазираи беКаС

Мўйсафеди љопонии 76-сола Ма-сафуми Нагасаки 20 сол мешавад, ки дар љазираи хурди тропикии Сотоба-нари умр ба сар мебарад.

«Робинзон»-и љопонї 20 сол дар ин љазираи бекас, ки њатто оби нўшокї надорад, зиндагї карда, хўрокашро худаш шикор мекунад. Ќабл аз таѓйир додани тарзи њаёташ Нагасакї сурат-гир буд, вале бо фаро расидани синни нафаќа аз одамон фирор кард.

тифл аз ошёнаи 11-ум

афтида зинда мондТифли яксола дар иёлоти Миннесотаи Амрико аз

ошёнаи 11-ум афтида, зинда монд. Дар ин бора BBC News хабар медињад. Бача бо љароњатњои бешумор ва шикастани дасту кафидани шуш дар беморхона зери дастгоњи сунъии тозакунии шуш ќарор дорад. Ин тиф-ли 15-моња аз сўрохии панљарањои балкони хонаашон лаѓжида афтидааст. Табиб Тина Слашер њодисаи рух-додаро мўъљиза мешуморад, чунки аз ошёнаи њафтум афтидани шахси калонсол боиси маргаш мешавад. Тифли хушбахт бо сабаби хурд будани устухон ва

ба љойи нарм афтиданаш зинда мондааст.

Page 18: оила шумораи 20

№20 (744) 21.05.2014 18 шанС

Аз моњи январи соли 2000-ум нашр мешавад. Дар Вазорати Фарњанги ЉТ тањти №507 ба ќайд гирифта шудааст. Њафтанома ба хотири риояи гуногунандешї маводеро низ ба табъ мерасонад, ки хилофи назараш аст. Ба мазмун ва санаду раќамњои маводи чопшуда муал-лифон љавобгаранд. Сурату мусаввадањо ба муаллифонашон баргардонида намешаванд.

Дар матбааи «МЕГА-ПРИНТ» чоп шудааст. Сањифабанд: Гулнисои ЊИКМАТуЛЛО Мусањњењ: Нодира РАЉАБОВА Теъдод 15000

Суроѓаи мо:734018, шањри Душанбе, хиё-

бони Саъдии Шерозї, 16.Тел: 238-53-35, Дафтари хабаргузорї дар

вилояти Суѓд: ш.Хуљанд кўчаи Камоли Хуљандї 114, хонаи 15. Тел:6-75-23 , 92-730-06-50

E-mail: [email protected]

њафтаномаи оммавї-маърифатї

Сармуњаррир:

Фирўза Сатторї

инњо бАХТ Мељўянд:

диќќат! диќќат! диќќат!

МАњфиЛи ШиноСоии "лайлию маљнун"

хонандагони азизи «оила»! Шумо њоло њам дар ёфтани љуфти муносиб мушкилї ме-

кашед? Дар бунёди оила љиддиеду аммо дар мондани ќадами аввалин бањри соњиби бахт шудан устувор нестед? Аз танњої азият мекашед?

Мо мушкилии шуморо осон хоњем кард! Аз моњи декабри соли 2013 сар карда, Шумо метавонед бо

шиноснома ва як дона аксатон ба идораи «Оила» омада бахта-тонро ёбед. Агар роњ дурї кунаду омада натавонед

тариќи ММС акси худро ба раќами 935606505, 238-53-35 ирсол намоед ва тариќи СМС- ба

раќами 7777 дархост фиристед! Мањфили шиносоии «Лайлию Маљнун» ба

Шумо дар ёфтани бахт ёрї мерасонед. Бахтатонро аз даст надињед!

Мањфили шиносоии «Лайлию Маљнун» барои он шахсоне, ки мехоњанд бахти худро пайдо кунанд, кўмак мерасонад.

намуна барои фиристонидани СмС: Оила «Лайлию Маљнун». Ман Салимова Омина, 35-сол дорам, мехоњам

тавассути мањфили «Лайлию Маљнун» бахти худро дарёбам. Бо марди то 45-солаи љиддї ва соњиби љои кору манзил оила барпо карданї њастам.

• З.69.Зани 46-сола , сокини шањри Душанбе. Мехоњад, ки бахти худро ба воситаи газетаи «Оила» пайдо кунад. Хонашин аст. Ду фарзандашро ба њаёти мустаќилона гусел карда, дав-раи пирї дидан мехоњад.

• З.70. Зани 39-сола. Аз са-баби бефарзандї аз шавњараш људо шудааст. Худ мусоњиб аст. Бо марди боимони соњиби ман-зил ва љои кор оила бунёд ку-над ва ба фарзандони он мард модарї кунад.

• З.71. Зани 31-сола . Соњиби як духтарча мебо-шад. Бо сабаби майнўшиаш аз шавњараш људо шудааст. Мехоњад, ки бо марди то 43-со-лаи боимони дур аз одатњои бад оила бунёд кунад.

• Д.72. Духтари зебои 21-сола. Гап зада наметавонад. Ба маъюбии худ нигоњ накар-да тамоми њунари кадбонугї ва дузандагї аз дасташ меояд. Кори хонаро ба пуррагї иљро мекунад. Мехоњад, ки бо мар-де, ки бо чунин духтар оилаи солим бунёд кардан мехоњад, хонадор шавад. Мард агар ма-ъюб бошад, боке нест.

• З.73. Зани 38-солаи зебо. Аз сабаби бефарзандї оилааш вайрон шудааст. Мехоњад, ки бо марди то 53-солаи боимон, соњиби манзил ва љои кор оила

бунёд кунад.• З.74. Зани 28-сола, соки-

ни ноњияи Вањдат. Муаллимаи мактаб мебошад. Соњиби як писарча аст. Бо марди боимо-ни соњиби манзил ва љои кори то 42-сола оила бунёд кардан мехоњад.

• М. 58. Марди 51-сола. Со-кини ноњияи Рўдакї. Аз оилааш људо шудааст. Бо зани то 46-сола оиладор шудан мехоњад.

• М.60. Љавонмарди 30-со-лаи истаравшанї. Соњибкори муваффаќ мебошад. Соњиби хона ва мошин аст. Бахти ав-вал ба рўяш нахандидааст. Бо духтари то 28-солаи сокини вилояти Суѓд оиладор шудан мехоњад.

• М. 58. Марди 67-сола , сокини ноњияи Мўъминобод. Барои бунёд кардани оила тамоми шароитро дорад. Дар хонаи алоњида зиндагонї ме-кунад. Соњиби автомашинаи шахсї мебошад. Танњої ба дилаш задаст ва мехоњад, ки бо зани боимоне оила бунёд карда давраи пирї ронад. Аз куљо будани зан фарќ надо-рад.

• М.59. Марди 49-сола.

Сокини шањри Панљакент. Аз оилааш људо шудагї мебо-шад. Бо зан ва ё духтари намозхон ва боимон оиладор шудан мехоњад.

• З.64. Зани 38-сола, со-кини шањри Душанбе. Баъди вафоти шавњараш мехоњад, ки бахти худро пайдо кунад.

• Д.65. Духтари зебои вањдатї. Мехоњад бо марди то 40-солаи соњиби манзил ва љои кор оила бунёд кунад.

• З.66. Зани 34-сола. Со-кини шањри Душанбе ме-бошад. Аз шавњараш људо шудагї аст. Мехоњад бо мар-ди то 45-солаи соњиби ман-зил ва љои кор оила бунёд кунад.

• З.67. Зани 37-сола. Дањ сол мешавад, ки аз шавњараш људо шудааст. Мехоњад бо марди соњиби манзил ва љои кор оиладор шавад.

• Д.68. Духтари зебои 28-сола. Мехоњад бо љавони то 36-сола оила бунёд кунад.

• З.69. Зани 46-сола. Танњої ба дилаш задааст. Мехоњад бо марди то 55-сола оиладор шуда хонаи шавњарро обод кунад.

Эълон! Эълон! Эълон! ќабули эълонњо бо телефони (44) 640-99-88Саломатї

таъљилан мефурўшам

Автомобили опел vEktra соли барориш 1990 дар њолати хуб бо газ ва бензин таљњизонида шудааст.

Тел: 918668264

мехарам

дар сўгвории бародарам ќараќулов амирќул

Дар ѓами марги бародар синабирёнем мо,Аз сари мо рафт акнун зору њайронем мо.Нахли умри ў хазон гардид дар боѓи њаёт,Бар хазони зиндагонї ашкрезонем мо.Ошиќи Наврўз буду ошиќи фасли бањор,Чун дарахти пур зи гул сарсабз буду устувор.Њар бањоре сабзањо сар мекашанд аз хоки тар,Сар намебардорад, аммо аз замин он хоксор.Чун нашуд пайдо ба дарди ў даво пурдард рафт,Нуќтасанљу нуќтадони мо видое кард, рафт.Кош, љояш љаннатулмаъво шавад бо лутфи њаќ,Шукри номи неки ў, ки аз ин љањон чун мард рафт.

Эшмирзоева Њамроњбибї

• Афтонидани санги гурда, талха, беморињои сардард, асаб, дил, пўст, безурётї, ба-ровардани зиён, тарс, кушо-дани бахт, кўдако почакашон фалаљ, саръ (припадки), аз нашъа ва араќ мегардонем ва ѓайра. Тел. 917-74-44-00, 917-75-76-00, 915-80-69-00, Раъно

• 3 намуди мањс, дар хо-наи худам. Тел. 915-88-88-47, Люба, аз соати 08:00 то 19:00

• Маркази табобатии "Шоњёр" дардњои чурраи сутунмуњра (грыжа позво-ночника), остеохондроз, про-трузияро бо усули мануалли мањсї ва гиёњњо табобат ме-

кунад. Тел. 90-500-74-54• Табиби сироятши-

нос тахассуси дараљаи олї, гиёњпизишк бо табобати беморињои паразитї (аска-рида, острицы, бандкирмњо, гов-бычий цепень, лямблия ва хок) машѓул мебошад, суроѓа: н.Рўдакї, љам.Турсун-зода, дењ Элок-17, Тибби ху-сусии «Дармони њаким». Тел: 93-531-01-02

• Нишони сарисинагї, зар-фи нуќрагин, тилло, нуќра, тил-лои сафед, њайкалчањо, бозори Шоњмансур, дорухонаи «Экс-пресс».Тел. 93-504-03-72

• Занњои фаъол ва љаќќонро ба кор даъват мекунем, аз 20 то 50-сола, тел: 985-85-68-57

• Сагчаи майда аз зоти «Ротфеллер»-ро мефурўшам. Зоташ тоза аст. тел: 901-40-23-39

• 2-њуљрагї, ќабати 8, к. И. Сомонї х. 14 њ. 59. Тел. 918-750-750 т

мефурўшам

тиљорат

зодрўз муборак!

Бобои азиз, падари мењрубон, дўсти гиромиќадр, омўзгори шинохта, ободкунан-даи тўю маъракањои мардумї Сирољиддин Охунов, дар ин рўзњои зебои бањорї зодрўз доранд. Тамоми фарзандон, набера, хоњару бародарон он касро ба ин рўз табрик гуф-та, тансињатї, умри дароз ва болидарўњиро таманно до-ранд.

Мисрањои дўстдошта-ашонро ба худашон мегўем:

Сарат сабзу рухат зебо, вуљудат бебало бодо,

Ба њар љое ќадам монї, нигањбонат Худо бодо.

зодрўз муборак!

Падари азиз ва бобои мењрубонамон Умархўљаи Истаравшанї!

Шуморо ба синни мубораки 80 расиданатон табрик намуда, аз даргоњи Худованд ба шумо аввало умри дарозу саломатї хоњонем.

Љаннат талабї, талаб дуои падарат,

Мекун ту тавофи хоки пои падарат.

Бо амри Худо баробар аст амри падар,

Хушнудии Њаќ бувад ризои падарат.

Бо дуо: фарзандон ва наберагон

Зулайхо Собирова

муаллимЉоно, ту бидон, тољи сари мост

муаллим,Мо ташналабем, чу дарёст

муаллим.Тањсину сано гарчи шабу

рўз фиристем,Арзандаи тањсину саноњост

муаллим.Оѓоз бубахшад ба њама

кори замона,Саркардаи кори њама дунёст

муаллим.Њар парда кушояд зи њама

мушкили олам,Њаќќо, ки калиди њама дарњост

муаллим.Мардум њама кўр аст,

агар илм надорад,Нуре ба њама дидаи биност

муаллим.Зебойии њар хонаю дар,

шањр чї бошад?Ободии мулку Ватани мост

муаллим.Эй дўст, Зулайхо шуда

устоди замона,Гўяд, шафаќи субњи дили

мост муаллим.

***Ситам кардан гадоро бас гуноњ аст,

Варо њосил њама афсўсу оњ аст.Бишав Њотам, агар дорї

ту ќудрат,Мапарто хешро бар

доми њасрат.Намехоњам сухан ошуфта

гуфтан,Њаме аз гуфтаву ногуфта

гуфтан.Гадоям ман, гадои њарфе зебо,Гадои маънињои суфта, воло.Закоти илмро хоњї ту додан,Дарахти илмро хоњї фишондан.Бикун манзур ин ќалби Зулайхо,Ки ман муштоќи илму

њарфи воло.

***Шодии дил аз љамоат мешавад,Марњаме бањри љароњат

мешавад.Бо ѓами дунёи дун бигзашт умр,Роњгумї аз љањолат мешавад.Чун Худои мо Кариму роздон,Ворањидон аз диёнат мешавад.Роњи худро гар намељўем мо,Ин хиёнат бар амонат мешавад.Сўхтем аз ишќи ин дунёи дун,Оќибат кори фалокат мешавад.Зиштии мо зи нодонии мо,Одамї аз илм роњат мешавад.Хоксорї гар Зулайхо мекунад,Мењрубонї аз ибодат мешавад.

Page 19: оила шумораи 20

№20 (744) 21.05.2014 19сарнавиштњои ѓамангез

(Давомаш. Аввалаш дар шуморањои гузашта)

Њарчанд дар хонаи апа-аш бо як ронандаи ношинос ба шањр омадани духтараш-ро шунида асабонї шуда бошад њам, чењраи гарми зану фарзандонашро дида, ќањру ѓазабашро гўё як ан-доза фаромўш кард. Нисои рамузфањми шайтонак дарњол офтобаи оби гарм ва сачоќ ба-роварда ба дасти падараш об рехт, то зери мушту лагад на-монад. «Духтарро бењуда тухми шайтон намегуфтаанд» аз дил гузаронд падар ва лаб газида ба шустани сару гарданаш оѓоз намуд. Нисо собунро аз дасти падараш гирифта, худаш сари ўро собун зада мањскунон шуст. Дастони гарму нарми духтар бо мењру муњаббати бепоён сари падарро навозиш мекарданд ва дили Абдулло аз ин моломоли ифтихор мегашт. Беихтиёр ба ёдаш расид, ки бист сол пеш модари Нисо рўймоли шоли би-решим ва тољи арўсї дар сар њамчунин бо муњаббат сараш-ро мешуст ва як-ду сол пас ана њамин гулдухтараш њам ба сари ким-кадом љавон об хоњад рехт. Дилаш љиѓѓї карда рафт ва оњи сарде кашида сачоќро аз дасти духтараш гирифт.

маљнунро бо чашми лайлї бубин

Ќурутобро ањли оила бо иштињо хўрданд, сипас навбати мева расид. Абдулло мевањоро тоза карда истода дар омади гап суханони апаашро дар мавриди ба шањр рафтани Нисо наќл кар-ду духтарашро сарзаниш намуд,

ки чаро бе иљозат ба шањр раф-тааст. Нисо ба љойи хиљолат ка-шидан ба њуљум гузашта, даъво кард, ки ин айби худи падараш аст.

-Ман маљбур шудам, ки ра-вам, агар намерафтам, як умр њамсинфонам маро «њариф» гуфта таъна мезаданд,-исрор мекард духтар.

-Майлаш, гуноњи инбораа-тро мебахшам, вале минбаъд чунин беаќлї накун, ки шаллоќ мехўрї,-таъкид намуд падар.

Нисо ќасам болои ќасам мехўрд, ки ягон беаќлї на-кардааст ва иддао мекард, ки духтарњои аммааш аз рашку њасуд ўро дар назди падараш

бадгўйї кардаанд. Сафои дух-тарбозро Нисои ошиќи зор њамчун љавони баномусу даст-кушод ва боодобу худотарс таърифу тавсиф карда, ќариб ба осмони њафтум баро-вард. Ронандаи ба бевабозї машњурро таъриф кардани духтараш ба Абдулло нафо-рид, чунки вай чандин сол боз бо ин љавон дар як идо-ра кор мекард ва авбошии Сафоро хеле хуб медонист, дар дил худоро шукр гуфт, ки ин авбоши ѓар бо духтараш рафтори бад накардааст ва ба духтараш таъкид кард, ки агар минбаъд њамроњи Сафо ба ягон љо рафтанашро шунавад, са-рашро аз танаш људо мекунад.

Гирдоби андешањоАбдулло баъди шунида-

ни наќли њамсараш, ки мисли баъзе модарњо сирру асрори духтарљонашро пинњон надо-шта, мољарои номаи ошиќонаи ба Нисо навиштаи шофёрба-чаро ќисса кард, сар ба љойби андеша кашид. «Сафо оё до-моди сазовор шуда метаво-ниста бошад?» мегуфт худ ба худ падар, ки аз таќдири оян-даи духтари эркаю дилдодааш сахт дар ташвиш буд. Абдулло то сањар дар бањри андешањо ѓутта зада, натавонист аќаллан мижжа тањ кунад ва ќарор дод, ки сари субњи солењон ба база мераваду тору пуди ин домодшавандаи мисли балои осмонї ногоњ пайдошударо наѓзакак фањмида мегирад. Бо чунин фикрњо субњ надамида сари чанбараки мошин ишаст ва ба зорињои њамсараш, ки «дадаљонаш, аќаллан ширчой хўрда, баъд равед» гўён аз па-саш баромад, заррае ањамият надода, роњи шањрро пеш ги-рифт.

рафиќро дар сафар бишносРоњбари автобаза аз

мењнатдўстии Абдулло шод гашта гуфт, ки барваќт омада-наш айни муддао гашт, чунки ба Шањритус бор бурдан лозим аст. Роњи Шањритус назар ба роњи Бадахшон њамвор бошад њам, аз сабаби бисёр гарм буда-наш на њар ронанда розї мешуд, ки ба ин «дўзах» сафар кунад. Дар роњи равон оби мошинњо мељўшид ва ронандањо кўшиш мекарданд, ки бо њар бањонае набошад, аз сафар ба Шањритус љонашонро рањо намоянд, бино-бар ин, барои Абдулло рафиќи

њамсафар ёфтан душвор шуд. Аксари ронандагон аз сафар ба чунин роњи оташин сарпечї на-муданд, вале Сафо ба Шањритус рафтани падари Нисоро шу-нида, худаш назди директори автобаза даромада гуфт, ки омода аст борро барад. Домод-шаванда кайњо роњи ба падари арўсак наздик шуданро мељуст ва чунин шанси хубро аз даст додан намехост, бинобар ин, ќариб зорикунон роњбари кор-хонаро розї кунонд, ки бурда-ни борро ба вай бовар намояд. Њамин тавр дањ мошини пурбор ба роњ баромаданд. Сардори ронандањо Абдулло буд. Мо-шини Сафо ин дафъа аз њама оќиб меомад. Вай чун њарваќта ќоидањои роњро вайрон карда, мошинро ба парвоз намеовард. Њушу ёдаш банди Нисо буд ва мехост худро дар назди падари арўсшавандааш бачаи бамаънї нишон дода ба боварии Абдулло дарояд. Нисоро сидќан дўст до-шта буд ин Сафои ѓари бевабоз ва бо тамоми ќуввату мањораташ кўшиш менамуд, ки худашро дар назди хусуршавандааш ширин кунад. Њамин тавр нисфи зиё-ди роњро тай намуда, корвони мошинњо ба ноњияи Ќубодиён расиданд, вале дар дашти таф-сон оби як мошин љўшид. Ронан-да саросема фаромада копоти мошинро кушод. Баробари ку-шодани капот оби љўшидаистода мисли аждар ба њаво парида ба сару рўйи ронанда шорид. Ронандањои мошинњои дигар ин манзараро дида, пасопеш дарњол мошинњояшонро нигоњ доштанд ва дартоз сўйи мошину ронандаи зарардида давиданд…

(Давом дорад)Р. Холов

ХудозАдА

Page 20: оила шумораи 20

№20 (744) 21.05.2014 21сайри диёр

Марди франсуз сабру тоќат карданро ба њамсараш талќин менамуд ва ваъда дод, ки агар дар се рўз занаш шифо наёбад, албатта ба Туркия мераванд. Занак бо ду асобаѓал базўр ќадам мезад. Шавњараш ўро ба аробачаи махсус шинонда ба оббозї бурд. Сањар ўро бе арробача дидем. Бо асобаѓал бошад њам, бардамона ќадам зада, ба љойи оббозї рафт. Хулоса, занак дар муддати се рўз бе асобаѓал роњ мегаштагї шуд.

зайронсарзамини зархезБо ду нафар ташабуско-

рони ободињои табобатгоњи «Зайрон» акои Убайдулло ва Љўрабек во хўрда, асрори ин оби табобатї ва таърихи осоишгоњро пурсон шудем.

-Барои чї истироњатгоњро «Зайрон» номидед?

- Зайрон калимаи суѓдї аст. Ман дар бораи Зайрон аз яке аз шахсиятњои шинохтаи ин диёр Махсуми Дањмарда, ки писари пири хирад, Мав-лоно Муњаммадсолењи Сур-хиён аст, маълумот гириф-там. Тибќи ривоятњо дар ин мањалла танњо одамони доро зиндагї мекардаанд ва зару зевари бисёр доштаанд, аз њамин сабаб ин љоро Зайрон-макони зар номидаанд.

-Аз он зару зевари таърихї ягон нишоне дар Зайрон боќї мондааст ё не?

-Њангоми обод кардани ин мавќеъ мо кўзаи шикастае-ро пайдо кардем, ки дарунаш пур аз хокаи зарњалин буд. Он ваќт ба кўзаи ёфтаамон чандон ањамият надода бу-дем, вале баъдтар маълум шуд, ки хокаи дарунаш оддї набудааст.

-Оби Зайрон чї хусусия-ти табобатї дорад?

-Пештар дар ин љо як би-нои пастакак буд ва посбо-наш дар як вагонча зиндагї мекард. Рўзе тасодуфан њамроњи як рафиќам гузо-рамон ба њамин љо афтид. Саргарми сўњбат будем, ки як жигулї омада истод ва мўйсафеди нўроние аз мо-шин фаромада назди посбон рафту зорї кард, ки иљозат дињад, то се рўз бо занаш дар њамин љо истода оббозї кунанд. Посбон ба гапи мўйсафед ањамият намедод. Дилам ба зорињояш сўхт ва ба дасти посбон пул дода, гуфтам, ки муроди дили пи-ракиро бароварад. Мўйсафед маро дуои нек дода дубо-ра сўйи мошинаш рафт ва лањзае пас зани нимљонеро рўйи даст бардошта фаро-варду ба даруни вагон бурд. Дигар ба мўйсафеду занаш ањамият надода мо аз паси кору бори худамон рафтем. Спас боз гузорамон ба њамин мавзеъ афтид ва дидам, ки зане банди њезум дар даст аз кўњ мефарояд. Аз мўйсафеде, ки барои арзи сипос ба на-здам омада буд, кї будани он занро пурсон шудам, зеро

гумон кардам, ки пиракї ба-рои нигоњубини бемор касе-ро киро кардааст. Мўйсафед хушњолона гуфт, ки он зан кампиракаш аст ва баъди дар оби Зайрон се маротиба оббозї кардан сип-сињат шу-дааст. Ана њамин вохўрї боис гашт, ки мо аз пайи ободии ин мавзеъ шавем. Мувофиќи тадќиќоти мутахассисон ва олимони соња дар таркиби оби Зайрон олтингўгирд ва боз чанд намуд моддањои химиявї вуљуд доранд. Мо се сарчашмаи об дорем, вале яктоашро мањкам карда, ду-тояшро истифода мебарем.

-Кадом беморињоро ин об шифо мебахшад?

-Санги гурда ва талхадон, буѓумдард, ревматизм ва на-макро оби Зайрон шифо ме-бахшад.

-Аз хориљи кишвар њам барои табобат ба ин љо меоянд?

-Дар фасли тобистон хориљињо пайдо мешаванд. Онњо бештар аз забони шиносњояшон таърифу тав-сифи Зайронро шунида мео-янд. Соли гузашта як фран-суз њамроњи зани бемораш омада буд. Шифо ёфта рафт.

-Франсуз дар бораи «Зайрон»-и Тољикистон чї хел маълумот гирифта-аст?

-Вай сайёњ будааст. Дар бораи чашмањои зулоли кишварамон ва обњои шифо-бахши Тољикистон он ќадар маълумотњои аљиб дошт, ки худи мо, тољикон надорем! Занаш аввалњо норозигї карда мегуфт, ки ба љойњои бењтарин рафта шифо наёф-

ту акнун дар њамин кўњистон сињат мешавад?! Марди франсуз сабру тоќат кардан-ро ба њамсараш талќин мена-муд ва ваъда дод, ки агар дар се рўз занаш шифо наёбад, албатта ба Туркия мераванд. Занак бо ду асобаѓал базўр ќадам мезад. Шавњараш ўро ба аробачаи махсус шинонда ба оббозї бурд. Сањар ўро бе арробача дидем. Бо асобаѓал бошад њам, бардамона ќадам зада, ба љойи оббозї рафт. Хулоса, занак дар мудда-ти се рўз бе асобаѓал роњ мегаштагї шуд.

-Наќлњоятон ким-чї хел афсона барин менамоянд, боварии кас намеояд, ки имрўз њам чунин мўъљизањо вуљуд дошта бошанд…?

-Боварї надошта бошед, марњатам худатон бубинед, ки аз беморони бо асобаѓал омада, чї ќадар асобаѓалњо ба мо «мерос» мондаанд! (Ба њуљрае даромада мо асобаѓалњои гуногуни зиёде-ро дидем. Дар њар як асобаѓал

ному насаби соњибаш дарљ гардида буд. Чашмам ба асобаѓали кўдаконае афти-ду ба навиштаљоташ чашм дўхтам.

Соњибаш бо забони русї навишта буд: «Ин асобаѓали духтарчаи 10 солаам Лена аст. Мо сокинони шањри Вол-гоградем. Ман ду фарзанд дорам, духтарчаам Лена ва додараш Николай. Лена боре зери барф монду дардманд шуд. Ба назди тамоми таби-бон ва духтурони бењтарин бурдем, аммо бефоида. Барои табобати духтарам маблаѓи зиёде сарф кардам,

аммо суде надидам. Барои кўмак се љавони тољикро дар хонаам иљорашин гирифтам. Љавонон аз Ромит ва бачањои мењнатї буданд. Духтари маро чун хоњарашон дўст дошта, маслињат доданд, ки Ленаро ба диёри онњо ба та-бобат барам. Саховатмандї карда худашон бо пули худ барои ману духтарам чипта

хариданд ва моро роњбаладї карда ба ин љо варданд. Ба мо обу њаво ва зебогии та-биати ин диёр писанд афтод. Дар муддати як њафта оби љонбахши Зайрон Ленаи маро шифо бахшид. Роњгардон шу-дани Ленаро дида, барода-рони тољикаш гўсфанд куш-та, оши худої доданд. Ин асобаѓалњо гувоњии бемории духтарам ва азобњои алими кашидаи ман њастанд! 18 июни соли 2011»

-Дар табобатгоњ имко-ни чанд нафар одамонро љой кардан њаст?

-Айни замон барои 200 нафар љойи хоб дорем. Дар табобатгоњи мо майдончаи варзишї барои калонсолон ва кўдакон мављуд буда, њуљрањо бо оби гарм ва катњои нарми замонавї љињозонида шуда-анд. Ошхонаи тобистона ва зимистона дорем. Табибони баландихтисос беморонро муоина менамоянд.

-Табобат дар «Зайрон» ќиммат будагист?

-Мо вобаста ба имконияти мардум нархгузорї мекунем. Табобатгоњи мо дар љумњурї арзонтарин аст.

-Ба хонандагони њафтаномаи «Оила» чї

таманно доред? -Пеш аз њама ба тамо-

ми мардуми Тољикистон тансињатї орзумандам. Табобатгоњи мо њам барои та-бобат ва њам барои истироњат мувофиќ аст. Боду њавои тоза ва обњои ширин дорад. Марњамат биёянд, дари мо ба рўйи њама боз аст!

Р. Холов

МўъљизАњои оби зАйрон

бесабаб нест, ки баробари фаро расидани фасли тобистон аксари афроди хушзавќу шинохта роњи дараи ромитро пеш

мегиранд. шунида будем, ки дараи ромит обњои шифобахши зиёде дорад, вале шунидан кай бувад монанди дидан гуфтаанд. ду рўз ќабл љониби ин дараи зебои бињиштосо равон шудем, то мўъљизањои ромитро бо чашми худамон бубинем. баробари вориди ин дараи зебо гаштан ба рўи кас насими форами дарё ва ба гўш овози ширини паррандањо расида, дилро моломоли фарањ месозад. њамкорамон шањноза мафтуни манзарањои дилрабои дараи ромит гашта, гуфт: «тољикистони худамон чунин љойњои бињиштосо дораду њайронам, ки чаро мардуми мо пулашонро бењуда сарф карда ба туркияву арабистон тамошо мераванд?!»

Page 21: оила шумораи 20

№20 (744) 21.05.2014 22

сайдањмади зардон

Абрўйи МАњТоб

(Давомаш. Аввалаш дар шуморањои гузашта)

Хазон мерехт. Дарахтони ќади кўча парканда мегаштанд. Офтоби тори сар иртифои ќаблиро надошт. Бодаки сард гунае мевазид, ки бе кастум њаво хўрдан мумкин набуд. Ин дам Бежан чанд бинои тозаву хушсохт убур кард, рости би-нои фарсудаи «хрушёвї», ки ќањвахонаи «Хушмазза» ба он пайваст буд, хаёле рост истод. Пушти сар нигарист, љуз зани бегонаву ноошнои сару рўбаста кас надид, надонист, ки ў Абрўст.

Бежан аз байни ду дарахт гузашт, паси мизе нишаст. Зани љавону зебое наздаш расид, та-бассум кард, пурсид:

-Овардї?-Овардам, Фотимагул,-

номаш ба забон оварда гуфт Бежан, аз љайб пул бароварду љонибаш дароз кард.

-Чанд?-бедарангу бепарда

пурсид зан, тор-тор зулфони ба пешонї рехтааш бо панљаи даст пас зад.

Бежан бе њарорате посух гуфт:

-Саду панљоњ гуфтї, сесад овардам!

Гардиши хуни тоза дар су-рати Фотимагул падид омад. Ў бо карашмаву њаракате пул аз дасти Бежан гирифт, миёни «хизона»-и синањои бардамида-аш андохт, рўйи сандуќи дилаш мамнун тап-тап панља зад, дар ѓояте ки чашмонаш найрангона бозї мекарданд, абрўпарон за-бон гардонд:

-Бўсањои гарму оташи-нам сармастат кард ё филми шањватангези диски Љума, ки зуд пул ёфтї?

Бежан аз он ки дишаб аз видеои симо филми синдомез тамошо карда буд, нигоњ ба за-мин андохт, оташ дар рўњи худ эњсос кард. Аммо илољ надошт, бояд посухе мегуфт шоиста. Ба

ќавле, «дилаш аз ѓусса саршор буду бедардона механдид».

Ў тамоми нерўяш анбошт, бо ќувват љавоб дод:

-Сармаст аз ту шудам, њоло њам лаззат аз лабонам нараф-тааст, Фотимагули азиз. Ак-нун бесаброна шим интизор мешавам,-гуфт ва зуд аз љо рост хест.

Ин дам Абрўйи сару рўбаста, мисли тири камон, аз канора-шон бигзашт.

Фотимагул бо ѓамзаи форам лутф кард:

-Магар намедонї, ки ба ноза-нинони бегона нигаристан гуноњ аст?

Бежан, ки акнун мехост дили Фотимагул ба њар васила гарму нарм созад, то ин бегоњ њатман ўро бубинад, саъй мекард осори њузн дар чењра нињон дорад. Ин буд, ки шўртакї посух гардонд:

Кї гуфт, ки назар бар рухи хубон хато бошад?

Хато бувад, ки гар набинанд рўи зеборо!

-О-њо, ту њам бало!-бо њамон шева нидо кард Фотимагул ва бо таъкид тавзењ дод:-Фаромўш накун, ки ин бегоњ охирон бор! Хайрият, ки соњиби ќањвахона –Љумаи хонасўхтаро субњи барваќт милитса аз миён бардошт, солњои низои бародаркушї командири кадом як гурўњи ѓоратгарон будаст, си-раш акнун ошкор шуд. Лекин шиносномаи маро куљо монда

бошад? Намедонам!..-Шиноснома проблема нест,

пулат бошад, навашро мегирї,-бепарво ўро таскин бахшид Бе-жан.

Фотимагул дастафшон «як илољ мекунам» гуфту боз ишъ-ор дод:

-Медонї, дањ хонаи њар гўшаи шањрашро ба фоњишагоњњо таб-дил дода будааст, пешонадўнги лаънатї! Аз ман ворї занњои бечора пул кор мекардааст, талхдањан. Хайрият, ки ин пагоњї бо диранг ќањвахона омадам, аз дур афту дараф-ташро дидаму пеш наёмадам, набошад, маро њам парпеч карда мебурданд. Ана, пешаи шайтониву ифлосияш аз сараш монд! Дасту пояшро гўсфанди ќўчќор ворї баста бурдан-е! Гу-мон дошт, ки якумр оши палав хўрда мегардад, акнун дар на-сибаш атола њам будааст, сазои сараш њамин!

-Тилисме ки аз чароѓи сењрноки Аловаддин ба чангол оварда буд, дар як зум афтода шикаст, гўй!-бо њадафи бештар ба бовар ворид шудан ўро та-раф шуд Бежан.-Бадкирдор дер ва ё зуд ба чанг меафтад, аммо кори бадаш мемонад! Аслан сари ўро командири ѓоратгар бу-данаш мехўрад, акнун шоњидон як-як пайдо мешаванд. Аниќ аст, ки ў дигар дунёи равшан на-мебинад.

-Њо, њамин хел! Пушаймонам,

ки нафањмида ба чанголи бад-тарин мард афтодам. Лекин ман метарсам, ки милитсањо њозир меоянд ё замони дигар. Аз аф-таш аз ин хонааш дарак наёф-таанд, набошад, онро њам ќуфл зада мерафтанд,-бо ташвиш гуфт Фотимагул, дар сураташ осори бим нишаст.

То он ки Абрў аз раъйяш пас нагардад, Бежан ўро дилпур сохт:

-Не, осуда бош, онњо наме-оянд! Албатта, дунё бе дар-воза нест. Љосусон аз ману ту маълумоти зиёдтар доранд, ки фоњишахонањои Љума дар куљоянд. Аммо ўро асосан барои гуноњњои пешинааш муттањам мекунанд. Хонаи иљораи ту аз рўйхат берун афтодааст.

Бим аз вуљуди Фотимагул комилан канор нарафта буд, ки таъкид кард:

-Ба њар њол ту, љигар, ин бегоњї асло диранг накун, ки ќарзат ба ќиёмат намонад. Би-дон, ки агар дар ваќташ наої, дигар маро намеёбї.

Бежан шуљоатманд ба забон овард:

-Куљо меравї, охир?! Моњї шавї-аз дарё, парранда шавї-аз њаво медорамат!

Фотимагул тавзењ дод:-Фардо ќишлоќ меравам, хо-

наи хусурам, назди писарам –Рустам. Чархзании бемаънї ба дилам зад.

(Давом дорад)

Китобхонаи "оила"

Page 22: оила шумораи 20

№20 (744) 21.05.2014 23Кори хайр

-Њољї, агар махфї набо-шад, мегуфтед, ки чї шумо-ро ба чунин корњои хайр во-дор месозад: хоњиши шўњратманд гаштан, њисси худнамої, шавќи бизнес ё ягон чизи дигар?

-Ягона чизе, ки маро дар зиндагї илњом мебахшад ва ба созандагї водор месозад, панди падарам аст, ки њамеша мегуфтанд: «Марди баномус ва дастгири мардум шав, на дастнигар!» Падарам омўзгор буданд ва аљибаш он буд, ки дар он замон мактаб набуд. Мењмонхона ва чанд њуљраи дигари хонаамонро мактаб сохта, падарам бачањои мар-думро савод меомўхтанд.

-Модаратон исён набар-доштанд, ки талабањо хонањоро чиркин мекунанд?

-Модарам саводи дунявї на-доштанд, вале Ќуръонро хатм намуда буданд. Бисён зани бомаърифат буданд. Иќдоми падарамро бо хушнудї пази-руфта, худашон њам аз боби маърифату одамгарї дарс ме-гуфтаанд. Падарам нисбати шогирдонашон сахтгир, мода-рам бошанд, нармгуфтор ва бисёр мењрубон буданд. Рўзе талабањо шўхию бозї карда, шишаи тирезаро мешикананд. Модарам ин њодисаро бо чаш-ми худашон дида бошанд њам, бачаи гунањкорро љанг накар-да, оромона шишамайдањоро аз замин љамъ карда мегиран-ду ба тиреза клёнка мекашанд, то бачањо хунук нахўранд. Пас аз корашонро анљом до-дан мегўянд: «Бачаљонаком, илтимос дарро пўшида ши-нед, ки шамол кашида, бемор мешавед!» Шогирдонашон мењрубонии модарамро дида, шарм медоранд аз кори кар-даашон ва рўзи дигар худа-шон шиша оварда ба тиреза мечаспонанд. Ана њамин хел мураббии аљиб буданд мода-рам, шогирдонро бо даѓалию гапи баду сарзаниш нею бо рафтору неку суханњои созан-даашон тарбият менамуданд.

-Гуфтед, ки модаратон ба шогирдон маърифату одамгарї меомўхтанд, аммо бо кадом васила?

-Ба василаи каломи бузур-гон. Яке аз шогирдонашон, ки имрўз шахси шинохта аст, наќл мекунад, ки рўзе падарам дарси адабиёт гузашта ба шо-гирдон супориш додаанд, ки ѓазали Њофиз «Ин чї шўрест, ки дар даври ќамар мебинам»-ро аз ёд кунанд. Ѓазалро танњо чор писар аз ёд мекунанду халос. Ваќте ки сабаб мепур-санд, шогирдон мегўянд, ки барои духтар хондану аз ёд кардани ѓазал чї лозим. Пада-рам асабї шуда аз синф ме-бароянду модарам бо бањонаи тоза кардани синфхона назди шогирдон даромада ба хонда-ни ѓазали Њофиз сар мекунанд. Тамоми синф оромона ба

ѓ а з а л х о н и и модар гўш мекунанд. Мода-рам дањ ѓазали Њофизро аз ёд хонда, маънидод менамоянд. Пас аз рафтани модарам хо-нандагон то бегоњ дар синф нишаста, ѓазали Њофизро аз ёд мекунанд.

-Аз падаратон чї хотирањои нек доред?

-Мо дар оила дањ нафар будем, вале боре надидаам, ки падарам ба ягон фарзан-дашон овоз баланд карда бо-шанд. Пайваста ба мутолиа машѓул буданд ва мо љуръат намекардем, ки ба наздашон дароем. Њељ аз ёдам наме-равад, боре дар олимпиада ѓолиб баромадаму њамчун му-кофот ба ман ба лагери «Ар-тек» роњхат доданд. Бояд ба Ќрим парвоз мекардам. Падар ин хабарро шунида, хеле шод шуданд ва маро ба оѓўш ги-рифта, гуфтанд: «Писарам, њамеша чунин сарбаланд ва баномус бош!»

-Њамсаратонро худатон интихоб кардед ё волидо-натон?

-Мо чунин тарбият гирифта будем, ки гапи падару модар ќонун аст ва набояд сухани волидонро дар замин гузошт. Њамсарамро апаам интихоб

намуданд ва ман шукргузо-рам, ки риштаи таќдири маро бо чунин бонуи хушахлоќу њунарманд пайвастанд. Шукри худованд, соњиби чор писару як духтар шудем. Барои фар-зандонам дар хона тамоми шароити тањсилро муњайё кар-даам. Баъди дарс муаллиме омада ба фарзандонам забони англисї меомўзонад. Духтар-чаам нав ба синни шашсолагї ќадам гузоштаасту аллакай озодона хонда ва навишта

метавонад. Хоњиши омўзиши забони англисиро дорад. Пи-саронам бошанд бо забонњои русї ва англисї озодона гап мезананд.

-Мехоњед, ки духтаратон маълумоти олї гирад?

-Чаро не? Ман зиёд са-фар мекунам, ќариб нис-фи дунё, аз љумла бисёр давлатњои исломиро дидаам. Дар кишварњои исломї занњо соњиби корхонањои калонанд,

духтарњо дар сари чанбара-ки мошин мешинанд. Модар босавод бошад, фарзандонаш њам босавод мешаванд, аз ин хотир пеши роњи илмомўзии духтаронро набояд гирифт.

-Шумо соњиби чандин корхонањо аз љумла бозор ва гармхонаи замонавї њастед ва табиист, ки дар чунин љойњо шумораи кор-гарзанон бештар аст. Му-носибататон бо бонувони зердастатон чї гуна аст?

-Ман аз рўзи аввали кориам пеши худ маќсад гузошта бу-дам, ки сазовори номи «Хайр» буданамро дар амал нишон медињам. Дастгирии занон ва оилањои камбизоат шиори мост. Њангоми ташкили бозор бештар занњои танњо ва но-дор ба наздам омада, ёрї ме-пурсиданд. Шароитњои кориро барояшон муњайё намудем, то мењнати њалол карда, зиндаги-ашонро пеш бубаранд ва наз-ди касе дасткўтоњу забонкўтоњ нашаванд.

-Хислате, ки шуморо ба ѓазаб меорад?

-Ростгўйї ва росткориро аз падар мерос гирифтаам ва одамони дурўѓгўю фи-

ребгарро чашми дидан на-дорам. Бачаи бесаводро бинам, асабонї мешавам. Љавонони мо бояд савод омўзанд. Ман ду маълумо-ти олї дорам, вале ба на-зарам чунин мерасад, ки њанўз њам донишам кофї нест. Дар ваќтњои холи-гиам меомўзам. Инсон аз гавњора то гўр бояд омўзад.

-Њамасола љавонони зиёде барои ба даст

овардани ќути лоямут ба Россия мардикорї мера-ванд. Оё имкони дар њамин љо ба кор љалб кардани аќаллан ќисме аз онњо нест?

-Ман махсус корхонањоеро ташкил мекунам, ки ниёз ба коргари бисёр дошта бошанд, то шумораи муњољирон камтар шавад. Ќариб дар як гектар за-мин гармхонаи замонавие таш-кил кардем, ки дар Тољикистон ягона аст. Љаноби Олї аз он дидан намуданд. Ният дорем,

ки масоњати гармхонаро ба 6 гектар расонем. Дар сохтани хонањои баландошёна сањм мегузорем. Биноњое, ки мо месозем, аксаран нуњќабата мешаванд. Барќу системаи гармидињиро аз њисоби нўри офтоби љонбахши Тољикистон гирифтанием. Давлатњои тараќќикарда чунин таљрибаро доранд ва мо њам дар амал инро санљиданием. Ба мо ќувваи корї мисли обу њаво зарур аст ва боз камаш сесад љавононро бо љои кор таъмин карда метавонем. Коргарона-мон аз 500 то 1000 доллар маош мегиранд.

-Сабаби ташкил кардани тими футболи «Хайр» чист?

-Ин командаро ташкил кар-данамон ду сабаб дорад. Са-баби аввалаш он аст, ки ман худам ошиќи футбол њастам ва мехоњам, ки љавонон ба варзиш машѓул шуда, љисман обутоб ёбанд. Сабаби ду-юмаш ба некї гардондани номи бачањои вањдатист. Дар солњои љанги шањрвандї бар-хе аз љавонони мо фирефтаи суханони подарњавои мулло-тарошон гашта, ба даст яроќ гирифтанду номи бачањои Вањдат ба гандагї баромад. Зодаи њамин ноњия, ки њастам, нангам меояд, барои њамин тими футболи «Хайр»-ро таш-кил кардам, то ки исбот кунам, ки Вањдат диёри муштзўрон нест, бачањои хубе низ дорад, ки метавонанд номбардори Ватан гарданд. Тими «Хайр» дар муддати кўтоњ машњур гашта, ба лигаи олї баромад.

Барои пешравии футбол чанд нафар бозингаронро аз давлатњои хориљї даъват на-мудем. Ният дорем, ки кубоки Тољикистонро соњиб шавем.

-Шиори Шумо дар зиндагї?

-Рав некї кун, ки дањр некї донад,

Ў некиро зи некўвон настонад.

Мол аз њама монд, аз ту њам хоњад монд,

Он бењ, ки ба љои мол, некї монад.

-Лањзае, ки њељ гоњ фаромўш намекунед?

-Моње пештар Љаноби Олї ба Вањдат омаданд ва дасти маро фишурда муваффаќият хостанд. Чунин бахти ба-ландро Худованд на ба њар кас насиб мегардонад, ки худи сарвари давлат даста-тро фишорад ва бароят дуои нек дињад. Њамин лањзаро бењтарин лањзаи умр мешумо-рам ва шабу рўз мењнат карда истодаам, то ба боварии пре-зидент сазовор бошам.

-Муваффаќият ва хушињои зиндагониро бароятон таман-но дорем.

Р. Холов

«ХАйр» -ХАйрХоњи МАрдуМ АСТ

«Хайр» командаи навтаъсис бошад њам,

бозингаронаш бо футболбозии чолоконаю зе-

бояшон натанњо мардуми Вањдат, балки сокино-

ни дигар минтаќањои љумњуриамонро њам маф-

тан намудаанд. Ин тими футбол бо шарофати

соњибкори муваффаќ њољї Ќутбиддин Хайров арзи

њастї намудааст ва хушбахтона зимни сафара-

мон ба ноњияи Вањдат ба мо даст дод, ки дигар

корњои хайри ин марди некро низ бо чашми сар

бубинем. Хайрандешии Хайров мардуми ноњияро

соњиби бозори калон, варзишгоњи нави олиљаноб,

гармхонањои замонавї, чандин корхонањои

дўзандагї ва иншоотњои маданию сохтмонї гар-

донидааст. Суњбати имрўзаамон оиди сарчашмаи

ана њамин хайрандешию хайркорињост.

Ќариб дар як гектар замин гармхонаи замо-

навие ташкил кардем, ки дар Тољикистон ягона

аст. Љаноби Олї аз он дидан намуданд. Ният до-

рем, ки масоњати гармхонаро ба 6 гектар расонем.

Дар сохтани хонањои баландошёна сањм мегузорем.

Биноњое, ки мо месозем, аксаран нуњќабата мешаванд.

Барќу системаи гармидињиро аз њисоби нўри оф-

тоби љонбахши Тољикистон гирифтанием. Давлатњои

тараќќикарда чунин таљрибаро доранд ва мо њам дар

амал инро санљиданием. Ба мо ќувваи корї мисли обу

њаво зарур аст ва боз камаш сесад љавононро бо љои

кор таъмин карда метавонем. Коргаронамон аз 500 то

1000 доллар маош мегиранд.

Page 23: оила шумораи 20

№20 (744) 21.05.2014 24