23
њафтанома њар чоршанбе нашр мешавад №31 (755), 6 августи соли 2014 ИшќИ хунИнИ командИр ОИЛА Сањ.4 23 духтарамро хизматгор калон мекунад 6 духтарамро нодухтар бароварданд 4 кї хонаи Сурайё ќосимоваро сўхт? 5 хушдомани офат Сањ.21 15 кампири 100 сола фоњишагї мекунад

ШУмораи оила 31

  • Upload
    -

  • View
    289

  • Download
    26

Embed Size (px)

DESCRIPTION

 

Citation preview

Page 1: ШУмораи оила 31

њафтанома њар чоршанбе нашр мешавад№31 (755), 6 августи соли 2014

ИшќИ хунИнИ командИр

ОИЛАСањ.4

23духтарам

ро хизматгор

калон мекунад

6духтарамр

о нодухтар

бароварданд

4кї хон

аи Сурайё

ќосимоваро сўхт

?

ё келин ќиммат

гов ?

5хушдома

ни

офатСањ.21

15кампири

100 сола

фоњишагї мекун

ад

Page 2: ШУмораи оила 31

№31 (755) 06.07.2014 2

Юлдош! Зиёд кўшиш наму-дам, ки барои ишќамон мубо-риза барам, вале бародаронам бо ту буданамро нахоста, маро ба Довуд ба шавњар доданд. Маро бубахш, агар туро дар оташи ишќам сўзонида бошам.

Фаромўш кун симоямро, њама мењру вафоямро,

Биёри бар забони хеш, ки ман ёри ту будам пеш.Ситораи бадбахти ту!

Алмира! Маро пада-ру модарам зан доданиянд. Тањсилам чї мешавад гуфта нашину зудтар ба як ќарор биё, то баъди аз даст додани бахтат маро номард нахонї.

Ќурбони ту

Хусрав! Дар ин дунё танњо ту нестї, ки барои аз даст до-данат ѓусса хўрам. Як рўз на-гузашта дигареро меёбаму но-мардии ту мемонад.

Ба ёри бевафо сад бор лаънат,

Надорад заррае мењру муњаббат.

Зайнураи њисорї

ба хонаамон хостгор фиристед!Мехоњам њама ба ман

занг зананд, изњори муњаббат кунанд ва ба хостгориям би-ёянд. То кай дар кунљи хона, дар байни чор дару девор азо-би танњої мекашам. Бас аст танњої. Раќамњои ман дар идо-раи «Оила» мављуданд. Касе зангир бошад, занг занад!

Бо эњтиром: Сафия

Салом кормандони гзетаи «оила»

Ман Зарнигор, зодаи

шањраки Адрасмони вилояти Суѓд. Аввалан саломи худро ба тамоми мардуми тољик мера-сонам. Дуо мекунам, ки лабо-натонро њамеша пуртабассуму дастархонатонро баракат бо-шад ва даргоњатонро ќадами дўстон тарк насозад.

Хонандаи њамешагии шумо аз Русия

***Эй модари љон бо ту ман

саљда намоям.Хоки ќадаматро бидон

бар дида бимолам.Гар натвонам хизмати

шоиста бикардан,Эй кош љони худро

бароят туњфа намоям.Духтари роњдуратон

Санам, аз Ўзбекистон

шабнами Кулобї! Њусни ту саргарми

савдои дилам бошад,Азоби мењри ту дар

мављи дарёи дилам бошад.

Дигар асло намехоњам касеро ман ба

ѓайр аз ту,Иллоњо мењри ту оѓозу

анљоми дилам бошад.Восеъгибачаи 50-50

Адибаи Норакї. Туро бо

тамоми њастиям дўст доштам, агар бовар карда натавонї, аз дугонаат Зиёда бипурс, ки ба-рои туро аз даст надодан чи балоњои азимеро пушти сар намудам. Мунтазири љавоби ту њастам.

Исломи ошиќ

Салом ба Лоиќи Хуљандї! Ошиќи зорат гаштаам.

Муњаббатамро ќабул мекарда бошї, раќамњоямро аз идора бигиру ба ман занг зан. Интизо-рат мешавам.

Фаришта, ошиќи ту!

Зиёвиддин!Гар моњ шавї, назар

ба сўят накунам,Гар об шавї, кўза

ба љўят накунам.Ту дастаи гул шавию

афтї ба замин.Валлоњ ба Худо гирифта

бўят накунам.Насиба, собиќ

МањбубаатДилнавози Кўњистонї! Ба-

рои дилатро ба даст овардан чї корњое, ки накардам: бо чан-дин бачањои кўчаатон дастба-гиребон шудам, сару рўям аз зарби мушту лагади барода-ронат сиёњу кабуд гашт, аммо дилатро ёфта натавонистам. Асири њусну љамолат гашта-ам, вале ту аз маѓрурї овои диламро намешунавї. Бе ту асло хушбахт шуда наметаво-нам. Илтимос, маро бифањм!

Фарњоди 45 45Модарљон, зудтар ба хост-

гории Аниса равед! Падараш ўро ба љавоне доданї будааст. Забони падари Анисаро шумо наёбед, дигар њељ кас ёфта на-метавонад. Аниса мегўяд, ки њар рўз дар хонаамон таъри-фи модари туст, падарам он касро бисёр эњтиром мекунанд. Модарљон, шумо хостгорї ра-вед, албатта ќабул мекунанд. Илтимос, Анисаро «зайнит» карда монед, то ман нафаси осуда кашам.

Шоњрух, аз дењаиЧилмазори н. Шуѓнон

Номањои ошиќонаХонандагони азиз! Њафтаномаи

«Оила» бахши «Номањои ошиќона»-ро аз нав эњё менамояд. Минбаъд шумо мета-вонед тавассути газетаи дўстдоштаатон рози дилатонро ба ошиќонатон ва дигар касоне, ки бароя-тон азизанд, бирасонед. СМС-њоро ба раќами 985-81-89-81 фиристед.

Page 3: ШУмораи оила 31

3

Эй љавонон!Гўед эй љавонон,Аќли расо куљо шуд?!Нисбат ба мўсафедон,Мењру вафо куљо шуд?!

Дар куљо, ки бошед,Аз љойи худ бихезед.Баски љавонед имрўз,Бар љањли худ ситезед.

То чанд дар мошинњо,

Гўед њарфи бељо.Пирони кордида,Истода дар сари по.

Бо чашми хеш дида,Парвое њам надоред.Аз олами тариќат,Гўё, ки дар каноред!

Пас эњтироми эшон,Дар байни мо зарур аст.Рањмат ба он касе, киБоаќлу бошуур аст!

БетамизЭй бетамизї бехудо,На шарм дорї, на њаё.Љабру ситамњои зиёд,Дидї ба модар ту раво.

Њастї њамеша саргаранг,Мегардї бо ањволи танг.Нўшидаву масту аласт,Мегардї бо кайфи таранг.

Фикре накарда дар њаёт,

Кай донї ќадраш, эй љавон?!

Ояд замоне, ки ту њам,Мегардї пири нотавон!

Он гоњ фарзандони ту,Бас таънасорат мекунанд.Худро аз ин кори бадат,Дур аз канорат мекунанд.

Эй марди бенангу орТу як марди беорї

Њам аз мењнат безорї,Дар зиндагонї бинам,Як зарра ѓам надорї.

Бигў, бигў, ту то чанд,Дурї аз зану фарзанд?!Бо ањли бешарафњо,Гардидаи ту пайванд?!

Эй марди бе нангу ор!Танбали майдони кор!Аќлу фаросатат ку?Дар зиндагї шудї хор.

Page 4: ШУмораи оила 31

№31 (755) 06.07.2014 4 Шоу - бизНес

Ширкати Daf Entertainment клипи нави сарояндаи љавони тољик Фарзонаи Хуршедро муаррифї намудааст.

Ин ширкат ваъда дода-аст, ки клипи мазкур ба наздикї вориди бозорњои мо мегардад. Клип бар мат-ни таронаи «Ашк» бардош-та шуда, дар он Фарзона њамроњи апањояш –Шабна-му Бибирўзигул ва љиянаш Шарифамоњ њаљи умра-ро анљом дода, дар роњи бозгашт ба Тољикистон њастанд. Фарзона дар љавоби суоли «муллоњо ин клипро чї гуна ќабул мекарда бошанд?» сукут намудааст. Ёдрас меша-вем, ки њафтае ќабл Фар-зонаи Хуршед, њамроњи апаи шуњратёраш Шаб-нами Сураё ва љиянаш-Шарифамоњ ба зиёрати Хонаи Худо рафта буданд. Акси якљояи Фарзонаю Шабнаму Бибирўзигулу Шарифамоњ, ки њамагї

њиљоб доранд, дар сањифањои интернет пай-до шуда, боиси бањсњои зиёди љавонон гашт. Акса-ри шарњнависон Шабнаму Фарзонаро бо бибињољї шуданашон табрик наму-даанд.

Фарзонаи Хуршед ваќте дар сањнаи бузург муаррифї шуд, ки апааш-Шабнам аллакай маъруф буд. Фарзона ба зудї таво-нист ба ќатори хонандањои

«ќатори аввал» шомил гардад, аммо моњи фев-рали соли 2010 бо љурми мусоидат дар фирори дўстписараш- Фаррух Рўзиев ба ду соли зиндон мањкум шуд. Як сол пас Фарзона бар асоси ќонуни афв аз мањбас рањо шуд ва њамон сол дар озмуни «Big Apple Awards»-и Ам-рико ба њайси мењмон иш-тирок намуд. Дар Big Apple Music Awards-2014 бо-

шад, Фарзонаи Хур-шедро «Бењтарин сарояндаи зан аз Тољикистон» эъти-роф намуданд. Фар-зонаи Хуршед аз нахустин бонувони овозхони тољик аст, ки клипи таронааш «Биё-биё» тавассу-ти шабакаи мусиќии форсизабон – PMC пахш гардид. «Ёр, биё, ёр», «Модар», «Гардаме», «Дар-ди нињон», «Ёру-мо», «Љўраљон», «Эй ошиќон» ва «Чашм-хумор» аз маъруфта-рин таронањои Фар-зонаи Хуршед то за-мони пушти панљара

рафтанаш њастанд. Фарзона чанд таронаи хонандањои эронї, бо шу-мули хонум Гугуш «Оњуи ишќ» ва Комрону Њумон «Маро бубахш»-ро бозхонї кардааст. Ёдрас мешавем, ки Daf Entertainment беш-тар бо Шабнами Сурайё њамкорї мекунад. Бешта-ри клипњои чанд соли ахи-ри Шабнамро мањз ин шир-кат тањия кардааст.

«ашк»-И ФарзонаИ хуршед, баъдИ тавоФИ каъба

Кї хонаи сурайё

Ќосимоваро сўхт?Маќомоти оташнишонии Кўлоб

маълум кардааст, ки оташсўзии хо-наи Сурайё Ќосимова, њунармани маъруфи тољик дар Кўлоб барќасдона сурат гирифтааст. Сўхтор дар хонаи овозхон шаби 24-ум бар 25-уми июл рух дода буд. Бино ба иттилои расмї, тафтишо-ти пешакї фарзияњои тасодуфї сар задани сўхтор, расиши ноќилњои барќ ва ё риоя нашудани ќоидањои бехатарї дар ин манзилро ошкор на-кардааст. Илова ба ин, маълум шу-дааст, ки чанд рўз пеш аз ин њодиса дар ин хона њодисаи дуздї рўй до-дааст. Дар ин бора њанўз тафсилоти зиёд дар даст нест. Њоло тафти-шот аз рўйи эњтимоли барќасдона сар задани сўхтор љараён дорад. Шаби сўхтор худи овозхон ва на-здиконаш дар хона набуданд ва касе аз ањли оила осеб надид. Бар тибќи арзёбињои пешакии Хадамоти сўхторнишонї, њаљми хисорот дар пайи сўхтори манзил на камтар аз 80 њазор сомонї њисоб шудааст.

Тањияи Р.Азимї

душмани № 1-и инсон ѓам аст. Ѓаму андўњ одамро бармањал

пир месозад, бемор мегардонад ва аз зиндагї дилсард месозад. афроде

њастанд, ки ѓамро ба дил роњ намедињанд. дар бораи чунин одамон мегўянд: «дунёро об барад њам, милааш хам

намехўрад!»

Ин тоифа аз мушкило-ту бадбахтињои ба сарашон омада, панд мегиранд ва кўшиш мекунанд, ки минбаъд хатоњои содирнамудаашон-ро такрор накунанд. Ханда яроќи пурќувватест дар да-сти чунин одамон ва он њар гуна ѓаму дардро мекушад. Тоифаи дигари одамон таби-атан «хоњари ѓам» њастанд ва барои њар майда-чўйда мотам мегиранд. Биёед бу-бинем, ки шумо ба кадом тоифа мансубед: ѓамро бо

ханда мекушед ё ѓам шуморо мехўрад?

Барои инро фањмидан ба саволњои тести мазкур љавоб дињед. Варианти љавобњо сето аст. 1. «доимо», 2.«баъ-зан ваќт», 3. «њељ гоњ».

1.Боре сарриштаи зинда-гиатонро аз даст додаед?

2.Њис мекунед, ки аз љамъият канда шудаед?

3.Оё метавонед ба рафто-ру кирдоратон объективона бањо дињед ё ин кор бароятон мушкил аст?

4.Ваќтњои охир зиёд ѓамгин мешавед?

5.Шумо одами эњсосотї

њастед? 6.Боре оиди танњоии хеш

андеша намудаед? 7.Барои майда-чуйдањои

зиндагї асабї мешавед? 8.Барои шумо

њавасмандкуниву дастги-рии идеяњоятон аз љониби роњбарият ва дўстонатон ањамият дорад?

9.Ба касе чизи наве дода натавонед, азият мекашед?

10. Гумон намекунед, ки атрофиён нисбати шумо он ќадар андешаи хуб надо-ранд?

11.Нафароне, ки муносибатњои самимиро ха-ёли хом мешуморанд, магар њаќќанд?

12.Аз одамон ва њолатњои муайяне, ки боиси мушав-вашхотириатон гашта мета-вонанд, њарос надоред?

Барои њар як љавоби «до-имо» ба худ 3 хол гузоред, «баъзан»-ро бо 2 хол арзёбї намоеду њар як љавоби «њељ гоњ»-ро 1 холї њисоб кунед. Натиљањоро љамъбаст наму-да, худро бењтар мешиносед.

45-31 хол.Шумо бисёр одами њассос

њастед ва баъзан барои шубњаву гумонњои беасос низ азият мекашед. Як воќеиятро

ќабул намоед-дар зиндагї одами идеалї вуљуд надорад. Њар як инсон то андозе одами хуб асту то андозае бад. Касо-не, ки мисли шумо мехоњанд худро танњо аз тарафи хуб нишон дињанд, талаботњои аз меъёр зиёдро дар пеши худ мегузоранд ва ин ба солимии рўњиву љисмиашон зарба ме-занад. Солиму хушбахт мон-дан хоњед, баъзан ба њоли худатон њам хандиданро ёд гиред ва ѓамро ба дил роњ надињед.

30-21 холМешаванд њолатњое,

ки шумо нисбати баъзе њаводиси аслан бе арзиш ѓам мехўред, вале њамеша чунин нест. Шумо ба зиндагї бо чашми кушода менигаред ва сиёњро аз сафед фарќ кар-да метавонеду бо ѓам чандон «љўра» нестед. Ин хислататон хуб аст. Ѓамро бо ханда куш-тан аз он бењтар аст, ки ѓам шуморо бо аламу дардаш би-кушад. Минбаъд низ нисбати асабњои хеш боэњтиёттар бу-данро фаромўш насозед!

20-15 холШумо табиатан одами би-

сёр бепарво њастед ва нисфи дунёро об барад њам, милла-атон хам намехўрад. Худатон-ро барои њар як кори бењуда азият намедињед. Фаромўш насозед, ки аз њад зиёд бе-парвофалак шудан низ чан-дон бо манфиат нест. Аз бепарвогии шумо истифода бурда, дигарон метавонанд чизњои муњиму арзишнокатон-ро соњиб шаванд. Камтарак одами љиддї шавед, зарар намебинед!

Тањияи Фотимаи Сайф

Ѓам мехўред ёЃам шуморо мехўрад?

Page 5: ШУмораи оила 31

№31 (755) 06.07.2014 5таЌдир

Сари маро кадом гов зер

карда буд, ки духтарњои одамони

дороро монда тўи пойлучро келин

кардам-а?!Таънаю маломати хушдоман

мисли корд ба устухонаш расад њам,

келинчак лаб зери дандон гирифта

чизе намегуфт, то зиндагиаш вайрон

шуда, дубора ба зиндони моиндар

бар нагардад, вале…

модари пурормонМастона њанўз дар син-

фи 9-ум мехонд, ки хостго-рон дари хонаашонро охурча карданд. Модараш Гулсифат зани соњибмаълумоту духту-ри номдор буд ва ба њама хостгорон як љавоб медод: «Духтари ман њоло кўдак аст, мактабро хатм карда ба ягон донишгоњ дохил мешавад. Шавњар гурехта намеравад, Худо хоњад, баъди соњиби ди-плом гаштан бахташро меё-бад ва бо ягон љавони хуб оиладор мешавад!»

Бале, чунин мегуфт мода-ри пурормон, бехабар аз он, ки ќисмат бо орзуњои дили вай носозгор аст. Соле, ки Мастона мактабро хатм на-муд, модари дар айни камоло-ти умр ќарордоштааш якбора ба дарди ќаттоле гирифтор шуд. Гулсифат худаш табиб бошад њам, нафањмида монд, ки чї тавр реши љонсўзи са-ратон дар баданаш реша да-вонд. Шавњараш Мурод барои аз панљаи дард рањонидани Гулсифат чи корњое, ки на-кард, вале ин мараз њељ аз ў дил канданї набуд. Табибон маслињат доданд, ки беморро ба хориља бурда муолиља на-моянд, вале Гулсифати табиб хуб медонист, ки ба коинот баранд њам, дигар љонашро аз панљаи аљал рањонида наметавонанд, бинобар ин, гуфт:

-Мардак, бењуда зўр назан, ин беморї њукми маро кайњо баровардааст. Бењтараш пулеро, ки барои табобати бењудаи ман сарф карданї њастї, барои гўру чўбам за-хира карда мон, то фардо дар назди дўсту душман сархаму забонкўтоњ нашавї!

Мурод занашро хеле ма-ломат намуд, ки фикри мар-гро аз сар дур кунад, албатта вай шифо меёбад ва соњиби келину домод мешавад, вале зани ба марг мањкум сар љумбонда, таъкид кард:

-Духтур намебудам, шояд ин гапњо таскинам мебахши-данд, вале ман худам таби-бам ва медонам, ки оќибати дардам чист!

таќдирро тадбир нест

Ду моњ пас Гулсифат аз дар-ди ќаттол љон ба љонофарин супурду фиѓони фарзандо-наш ба фалак печид. Зор-зор мегиристанд љигарбандонаш, вале замин сахт буду осмон баланд ва таќдирро тадбир карда намешуд. Гулсифати ормониро пайвандонаш бо нолаву фиѓон ба хок супур-данд. Мурод пули барои табо-бати занаш љамъкардаашро мувофиќи васияти њамсари љавонмаргаш барои бо обрў гўру чўби мурдааш сарф на-муд. Ѓаму андуњи људої аз њамсари мењрубонаш ва та-

кодаву бори гарони харољоти маросимњои мотамї ќомати ин марди номдорро чунон шикаст, ки натавонист њатто духтарашро ба ягон донишгоњ дохил кунад.

Љабри моиндар Пас аз додани сари соли

њамсараш њамсояњо ва хешу табор ба Мурод маслињат доданд, ки зан бигирад, то фарзандонаш дубора соњиби модар шаванду хонааш обод гардад. Азоби безанї кайњо ба љонаш зада буд, бинобар ин, вай нею нестони зиёд на-карда, беваи бефарзандеро аз ноњияи Шањритус ёфт ва худаш хостгорї рафту никоњ карда ба хонааш овард. Ма-стонаи аз ѓами модар сина-чок гумон дошт, ки моиндар панљаи мењр ба сараш бурда, захмњои хунчакони дилашро бо суханони нарму пурмењр даво мебахшад, вале хаёлаш хом баромад. Ин занаки беса-вод аз рўзи аввали ба ин хо-надон ќадам нињодан душма-ни љони Мастона гашт. Моин-дари золим тамоми кору бори хонаро бар дўши духтарак гузошта, рўзи дароз дар таги телевизор менишаст. Худо на-карда Мастона ба ягон гапаш эътироз намояд, ќиёмат ќоим мешуд. Моиндари золим дух-тараки ќадрасро берањмона мепучид, мезад, мегазид ва «саѓераи пойлуч, њоло ист, бегоњ отат биёяд, таги шатат мемонум» гуфта, тањдид ме-намуд. Тањдидњои моиндар хушку холї набуданд, болои сўхта намакоб гуфтагї барин, бегоњ Гавњар ба шавњараш њар хел гапњои дурўѓро гуф-та, Муродро ба муќобили дух-тараш мешўронд. Аввалњо вай ба гапи занаш ањамият намедод, вале Гавњари айё-раю маккора оњиста-оњиста лаљоми Муродро ба даст гирифта, мардакро ѓуломи њалќабаргўш карда монд. «Духтарат ба очааш рафта-аст, хуши шустушўю кору бори хона надорад. Як сум-кача бошаду рўзи дароз кўча ба кўча гардад. Њамин хел бепарвої кардан гирї, ягон рўз шикамаш дам мешавад, ана баъд набераи њаромита алла гуфта мешинї» гуфтанњои занаш билохира ба Мурод таъсир карданд ва ба сари духтари бегуноњаш даст мебардоштагї шуд.

Хостгории раис

Мастонаи аз љабру зулми моиндару падари паиндар-гашта љон ба лабаш расида намедонист чї хел љонашро аз ин зиндон халос намояд. Ана дар њамон рўзњои вазнин дари хонаашонро хостгорон кўфтанд. Талабгор ин дафъа одами оддї не, писари раиси номдоре буд ва Парвона хис-

лату хўйи домодшавандаю пайвандонашро наомўхта дарњол розигї дод, то аз љањаннами моиндар рањої ёфта, нафаси осуда кашаду одам барин зиндагї кунад.

Кирми рашкКуртањои њариру плашу

жемперу палтою мўзањои зе-бои модаршўяш барои Масто-на аз Дубай ба ќавле «за-каз» кардаро дида, дањони занњои мањалла воз монд. «Мурѓи бахтро худованд аз азал ба китфи саѓера ши-нонда будааст-да! Бечора духтарњои моро бо чор кур-таи кайњо аз мўд баромада келин карда бурданд, вале барои ин саѓераи бе оча љињози шоњдухтарвор оварда-анд. Ана инро сарупои арўсї мегўянд» гўшакию пичир-пи-чир мекарданд њамсояњо дар маъракаи туќузбинони Ма-стона. Бештар аз њама кир-ми њасад вуљуди моиндари арўсро мехўрд. Ин зани нозой ба љойи хурсанд шудан, ки бо инояти Худованду ба воси-лаи духтари шавњараш номи модарро гирифта, сазово-ри њурмату эњтироми ќудоњо гаштааст, аз рашк ба худ љойи нишаст намеёфт ва пайти муносиб мељуст, то арўсаки хуштолеъро неш занад. Ваќте ки хушдомани ояндааш ба ан-гушти Мастона ангуштарини бриллиантиро гузаронда аз рухсораш бўсид, љони моин-дар аз рашку њасад ба лабаш расида писханд зад:

-Як љояш тиллої-да, барои њамин тиллопечаш мекунанд!

арўси бе љињоз

Раис тамоми чизу чораи лозимаро оварда, рўзи тўйро муайян карда рафт. Мурод ме-хост барои духтараш љињози сазоворе бихарад, вале за-наш сади роњаш гашта, гуфт:

-Хонаи раис пур-пури чизу чора, гарнитуру ќолину пало-си келин ба вай чї даркор?! Пулеро, ки барои харидани лашу луши духтарат сарф кардан мехоњї, захира карда мон, то ки пагоњ њардуямон

аз гуруснагї намурем! Љойи духтарат таъйин, ба вайрона не, ба хони миллионер келин шуда мераваду дар болои пул мехобад. Ба умед нашав, ки духтари шумрўят дар рўзи мабодо дастатро мегирад, оѓўши гарми домодро, ки дид, ин саѓераи кўрнамак дигар ёди падар намекунад!

Мурод ба васвасањои за-наш дода шуда барои Масто-на аз њисоби худаш як хас њам нахарид. Куртањои овар-даи хушдоманашро дўхтанд ва зару зевари њадякардаи домодро ба гардану ангуш-тонаш гузарониданду духта-раки бе модарро зери навои «ёр-ёр» ба хонаи бахташ гу-сел намуданд.

Хушдомани офатТўй бисёр бодабдаба гу-

зашта бошад њам, Мастона рўйи бахтро надид. Зани раис умед дошт, ки бар ивази харљу харољоти калони кардааш ке-лин хонаашро бо ќолинњои зе-бою мебелњои гаронбањо пур мекунад, вале гумонаш ботил баромад. Аз хонаи падараш як хас њам наовардани арўс болои нописандињои моинда-раш зарбаи дигар гашта аз рўзи нахуст зани раис кели-нашро бад медидагї шуд. Бе-чора саѓерадухтар сари субњ аз хоб мехесту то як поси шаб хизмати хонаи сермењмони раисро мекард, вале њељ дили модаршўяшро ёфта намета-вонист. Хушдоманаш бо њар бањона ба кору бораш эрод гирифта, Мастонаро неш зада мегуфт:

-Бењуда кабўтар бо кабўтар, боз бо боз нагуфта буда-анд, саѓерадухтари нодида, ки њастї, њељ роњу равиши зиндагии хонаи сарватман-дро ёд намегирї! Сари маро кадом гов зер карда буд, ки духтарњои одамони дороро монда тўи пойлучро келин кардам-а?!

Таънаю маломати хушдо-ман мисли корд ба устухонаш расад њам, келинчак лаб зери дандон гирифта чизе наме-гуфт, то зиндагиаш вайрон шуда, дубора ба зиндони мо-индар бар нагардад, вале…

мољарои кулчањои сиёњ

Пас аз як моњи тўй моин-дараш ба таври худ кулчаю тўша карда ба хонаи шавњари Мастона духтарбинї омад. Зани раис ќудоњои ин дафъа њам ду даст дар бинї ома-даро бо ќошу ќавоќи овезон пешвоз гирифт ва аќалан ба-рои таскини дилашон ба хона таклиф накарда дар болои кати рўйи њавлї шинонду дар наздашон дастурхон густур-да ба Мастона фармуд, ки хўроки шабмондаро кашида биёрад. Одатан дар ин хона-дон хўроки шабмондаро танњо ба сагњо медоданд, аз ин рў талаби хушдоман аз љавшани љони Мастона гузашт. Келин-чак ба љуз итоат кардан дигар чора надошт ва зуд ошхона рафту оши дирўзаро гарм карда овард. Падару моин-дараш ба хелидагї буданаш ањамият надода, ошро маза карда хўрданд ва ба дастур-хон дуо карда ба хонаашон баргаштанд. Мастона аз но-писандии хушдоманаш нис-бати падараш хиљил шуда, оби дидаашро ноаён бо гўшаи рўймолаш пок намуд ва аз паси ѓундоштани дастурхон шуд. Косаю табаќро шуста љо ба љо карду ба оѓилхона равон шуд, то гову молро эму хошок дињад. Дар дами дари молхона чашмаш ба эми дар лаганд таркарда афтиду дар љояш шах шуда монд. Кулчањои навакак овардаи моиндараш дар даруни эми гов мехобиданд. Рањматии модараш мудом таъкид ме-кард, ки нонро хор накунад, ки намакаш одамро кўр ме-кунад, бинобар ин, Мастона хам шуда кулчањоро аз да-руни хўроки гов гирифт. Ин дам чашми хушдоманаш ба вай афтид ва бо тамоми овоз дод зад:

-Њой падарлаънати пойлуч, шарм надошта боз кулчањои кумур барин сиёњи очата аз даруни эми гов мебардорї-а?! Худо гирад шумо гадоњоя! На-ход одам шарм надошта ба хонаи духтари арўсаш њамин хел нони сиёњ биёрад?!

(Давомаш дар сањ. 19)Гулбибї, сокини

н. Темурмалик

хушдоманИ оФатё рўзи сиёњи келини раис

Page 6: ШУмораи оила 31

№31 (755) 06.07.2014 6 НавиШтам Номае

Пешнињодњои худро тавассути телефони 238-53-35 ва почтаи электронии [email protected] ирсол намоед.Масъули сањифа Рустам Азимї

ба Зани «шабушКин» Зор мешавї

Њафтаи гузашта номаи Зубайдуло ном мардеро тањти унвони « Дод аз дасти шабушкин» хондаму аз ѓазаб хун ба сарам зад, би-нобар ин, ќаламу ќоѓаз ба даст гирифта ба унвонии њафтаномаи «Оила» мактуб навиштам.

Зубайдулло! Пеш аз занатонро шабушкин гуфта, масхара кардан аввал барояш шароит муњаё намоед, то бечора худашро нигоњубин кунад. Шояд дар хонаи шумо кор аз мўйи сар зиёд асту аз њамин сабаб занатон барои ба оина нигаристан ваќт намеёбад. Фаромўш накунед, ки занро пул ва нигоњи пурмењри мард зебо мекунад. Ёри нозанин мехоста бошед, бењуда аз паси хонумњои танноз надавида, пулатонро барои њамсари никоњиатон сарф намоед. Ба занатон атрњои хушбўй ва косметика таќдим намоед. Барояш либосњои хушдўхт харед ва њусну љамолашро таъриф карда, гўед, ки дар ин либос боз њам зеботар хоњад гашт. Аксари мардњои тољик њатто дар рўзи иду љашни зодрўзи њамсарашон аќалан як гул тўњфа намекунанду боз аз зан мењрубонї мехоњанд. Зан аз шавњараш мењрубонї набинад, чї хел ўро мењрубонї ме-кунад?! Маѓрурона навиштаед, ки занам маро дўст медораду як лањза бе ман зиста наметавонад, вале ман аз рангу рўйи вай безорам. Шукр гўед, ки духтари дењотии оѓўши ѓайр надида на-сибатон гаштааст. Сабаби бо дилу љон дўст доштани занатон дар он аст, ки чашм кушода шуморо дидааст. Ягон балодухтари сари чандин бачаро тоб додагї мебуд, рўзатонро сиёњ мекард! Шукр гўед, ки ин духтараки дењотї њама нозу нузатонро бардошта, таги поятонро мерўбад, либосатонро мешўяд ва шикаматонро сер мекунад. Занњое њастанд, ки дасташонро ба оби хунук намеза-нанд. Номардї карда духтараки бечораро аз даратон наронед. Гумон накунед, ки зани дуюм шуморо тољи сар мекунад. Ба чанги ягон зани шаттоњ меафтеду ба њамин зани хаппаки ба ќавли

худатон «шабушкин» зор мешавед, вале он ваќт дер мешавад. Ягон одам аз модар бе камбудї ба дунё наомадааст ва шумо њам моњи бе айб нестед. Пеш аз ба занатон айб мондан як бор гиребони худатонро бўй мекардед, олиљаноб мешуд! Шумо барин мардњои маѓрур дили духтарони бешавњарро аз шавњар кардан хунук мекунанд. Њайфи номи мардї, ки шумо баринњо хораш кардаед!

Дилноза, аз мањаллаи Боѓи Айнї

дењќонбача

«Кидат» намеКунадЊар шумораи «Оила»-ро мутолиа мекунам. Чанде пеш мактуби арўсам

Марямљонро дар сањифаи ин њафтавор хондаму њуш аз сарам парид. Марям ба

ман мурољиат намуда навиштааст: «Аз ман зеботарашро ёфтї ё аксњоям ба мо-

дарат писанд наомаданд, ки ба хонаамон хостгор нафиристодед?» Марямљони

азизам! Бењуда худро бо чунин фикру хаёлњои ботил азоб надењ. Арўси дигар

наёфтаам. Сабаби чанд муддат туро суроѓ накарданам кору бори дењќониамон

буд. Субњ ба кори сањро мерафтаму шом хаставу лакот ба хона бармегаштам.

Љигархун мешудам, ки садоятро намешунавам, вале имкони ба ту занг задан

надоштам. Љонакам, ман аз ту дур бошам њам, њамеша бо ёду хаёли ту њастам.

Маро бубахш, ки аз серкорї натавонистам ба наздат равам. Воќеан, аксњоят ба

модарам маъќул шуданд. «Арўси ёфтагиат духтари зебо будааст» гуфта, туро

хеле таърифу тафсиф намуданд. Дилат пур бошад, дењќонбача мисли бачањои

шањрї бевафо нест ва ишќашро «кидат» намекунад, Марямљон! Шабу рўз худоро

зорї карда истодам, ки зудтар ману туро ба муроди дил бирасонад.

То дар ин дунё, ки њастам, интизорат мешавам,

Бо њама бегонагиям боз ёрат мешавам.

Бар ту осебе надорад чашми бад, ай љони ман ,

Умрњо андар барат, мисли тўморат мешавам. Абдуллои Ќистакўзї

дугонаам дуХтарамро

нодуХтар баровардТаќдир чунин будааст, ки духтарам бо шавњараш соз нагириф-

та, хонавайрон шуд. Дилам аз номи бади бевагиро гирифтани духтари љавонам хун шуда, дарун-дарун ѓам мехўрдам. Рўзе диламро дар назди

Фотима ном њамкорам холї карда, барои бахти сиёњи духтарам хун гиристам. Гумон доштам, ки вай њамчун зан маро мефањмад ва ѓамшарикам мешавад, вале хаёлам хом баромад. Фотима дар тамоми корхона овоза кардааст, ки духтари Савсан нодухтар баромадааст, барои њамин ўро шармандавор аз хонаи шавњараш пеш кардаанд. Худо шоњид, ки духтарам нодухтар на-буд ва хонавайрон шуданаш ба масъалаи бокирагиаш ягон алоќамандї надорад, вале бархе аз њамкоронам ба сафсатањои Фотима бовар карда, сўйи ман каљ-каљ менигаранд. Фотима мисли ман модар аст, вале ба љойи маро дилбардорї додан, шарм надошта духтарамро берањмона

туњмат кард. Дуо мекунам, ки духтарњояш мисли духтари ман бад-бахт ва ба туњмати бад гирифтор шаванд, то фањмад, ки

доѓи бадномї чи ќадар љонсўз аст. Савсан, аз корхонаи

дўзандагии «Мадина»

дарди дилатонро метавонед ба почтаи электронии [email protected]нависед ё бо телефони зерин

иброз доред: 238-53-35

очаи дуХтарЗой намурдааСт, Ки бе Зан

монї, додар!Њафтаи гузашта номаи бародари азиз Шамшодро тањти унвони «дух-

тари раисро дуздам?» хондаму дилам ба њолаш сўхт, аз ин хотир, ќарор

додам, ки ба редаксия нома менависам. Бародари азиз Шўњрат! Аз

суханони раиси худхоњу маѓрур дилозурда нашав! Очаи духтарзой на-

мурдааст, ки зан наёбї, духтари раис нашуд, духтари ягон дењќонро ба

занї мегирї! «Ба сагу пишак духтар намедињам» гуфта, туро ба њайвон

баробар кардани ин мард аз он далолат мекунад, ки падари духтар

раис бошад њам, аз кўчаи одамгарї нагузаштааст. Як зарра хуни мардї

дошта бошї, духтари ин раиси ноодамро фаромўш кун! Медонам, ки ин

суханњои ман ба ту сахт мерасанд, чунки ошиќ шудаї ва гумон мекунї,

ки дўстдоштаатро нагирї, зиндагиат рангу маъниашро гум мекунад. Бо-

вар кун додарљон, њамааш мегузарад ва рўзе мерасад, ки ишќи духтари

раисро ба ёд оварда, худат ба њоли худ механдї. Замоне мо њам ошиќ

будем ва барои аз даст надодани азизи диламон сарамонро ба дару

девор мезадем, вале њамааш гузашт. Духтари дигарро ба занї гирифта

намурдем-ку! Њозир њамон замонњоро ба ёд оварда хандаамон мегирад.

Хуб беаќл будаем, ки сўхтему пухтему гиря кардем! Аслан ишќ худаш

дурўѓ аст. Ширинии ишќ дар он аст, ки ошиќон ба висол намерасанд.

Бовар кун, љўраљон, агар Маљнун Лайлиро ба занї мегирифту Фарњод

Ширинро, баъди як сол аз дидори њамдигар безор мешуданд!

Дар фарљом ба раисони пулпараст гуфтаниям: «Бойбобоњои

муњтарам! Бењуда бачањои камбаѓалро тањќиру масхара накунед, чунки

аз ин дунё њама дасти холї мераванд. Шумо њам бо њама дороию зару

зеваратон як сони сафед мебареду камбаѓалон њам бо њамон як кафан

сафари охират менамоянд. Духтарони бо оби тилло калон кардаатонро

ба љавонони мисли худатон пулдор дода, хурсанд нашавед, чунки ба-

чаи бой сад наѓмаи дигар дорад. Худо медонад, ки шавњари пулмасташ

ба болои духтаратон боз чанд зани дигар мегираду чанд солу моњ

паричењраи нозпарвардатон шабњо дар интизории мардаки бевабозаш

шабзиндадорї намуда, болинашро бо оби дида тар мекунад.

Шоир бењуда нагуфтааст:Бисёр касон фахр зи шоњї карданд,Њам нанг зи фиќру бенавої карданд.Рўзе, ки фалак бурд зи каф давлаташон,Худ коса гирифтанду гадої каданд.

Халил, аз н. Ёвон

Page 7: ШУмораи оила 31

№31 (755) 06.07.2014 7

Пешнињодњои худро тавассути телефони 238-53-35 ва почтаи электронии [email protected] ирсол намоед.Масъули сањифа Гулнисои њикматулло

савр (21 апрел - 22 май)

Њафтаи нав ситорањо оро-миро тавсия медињанд, чунки

тўли њафта бо мушкилињо ва рўйдодњое рў ба рў мешавед, ки ба аќли одам рост намеояд. Агар њис кунед, ки дар њалли мољарои ба саратон омада душворї ме-кашед, шарм надошта, рози дилатонро ба дўсти љониатон ошкор намоед. Бо мада-ди дўстон ва хайрхоњии ситорањо албатта ѓолиб меоед. Охири њафта каме даромади пулї ба даст меоред ва камбудиеро, ки азиятатон медод, бартараф мекунед. Як ќисмашро барои рўзи мабодо пинњон ку-нед.

Њут (21 феврал - 20 март)

Ин њафта дўсти наздикатон хур-сандие дораду шуморо даъват ме-кунад. Бањонаљўї накарда ба табри-каш биравед, чунки онљо бо одами

наљибе вомехўред, ки њаётатонро рангу маънии дигар бахшида метавонад. Нимаи дуюми њафта хастагии зиёд ба саломатиа-тон таъсир расонида, асабњоятонро хароб мекунад. Мисли гурги гурусна бо сабабу бесабаб ба атрофиён њамла накунед, то за-бонатон ба саратон балои азимеро наорад. Даромади на он ќадар калон имкони оѓози тиљоратро медињад.

Ин њафта сафари корие дар назар аст ва он имкониятњои на-вро бароятон боз мекунад. Нимаи

дуюми њафта эњтимол таклифи хуби кори нав ва маоши калон мешавад. Дар як сатњ ќарор доштан он ќадар хуб нест, бинобар ин шанси худро аз даст надода таклифро ќабул кунеду ба пеш њаракат намоед. Рўзи љумъа даромади калонро интизор бошед. Аз пули ба даст омада каме хайру саховат карданро фаромўш накунед. Мушкилињои оилавиятон-ро охири њафта бартараф месозеду як дами озод гиред.

мизоН (24 сентябр - 23 октябр)

Ин њафта тамоми рафтору кирдо-ратонро дар тарозуи аќл баркашеду

њар яу ќадаматонро санљида гузоред. Эњтиёткор бошед, зеро хавфи гум шуда-ни љувздонатон бо њуљљатњои зарурї ва каме маблаѓ вуљуд дорад. Њолати моли-явиятон начандон хуб аст, бинобар ин дар масъалањои пулї шарм накарда аз дўстонат кўмак пурсидан лозим меояд. Нимаи дуюми њафта ошиќатон барои муњофизати љони шумо љони худро зери хатар мемонаду дарк мекунед, ки ишќаш њаќиќї аст.

Ќавс (23 ноябр - 21 декабр)

Ин њафта ваќту мењнат сарф кар-да лоињаи наверо тарњрезї мекунед, вале дўстатон хиёнатро ба шумо раво мебинаду лоињаатонро аз худ намуда пеш аз шумо ба сардоратон пешкаш ме-кунад ва сазовори таърифу дастгирї меша-вад. Даст ба гиребон шудан фоида надорад, бењтараш ба таќдир тан дода, минбаъд дар интихоби дўстон эњтиёткор бошед.

Нимаи дуюми њафта ќавсњои муљаррад сазовори таклифи хонадоршавї мегарданд. Ёри санљида бигиред, то зиндагиатон ширин гузарад.

аЌраб (24 октябр - 22-ноябр)

толеъНома

Љаддї (22 декабр - 20 январ)

Њафтаи меомад ќисме аз наќшањоятон барбод мераванд. Се-

шанбе барои харид ба бозор наравед, чунки харидатон бебарор мешавад ё њамёнатон насиби дуздон мегардад. Панљшанбе хаба-ри хушро интизор бошед. Таќдир дари бахту барорро ба рўйи зодагони бурљи љаддї меку-шояд. Даромади пулї шуморо ин њафта дар назар нест, вале азоби бепулї намекашед. Рўзњои истироњатро бо ањли хонаводаатон гу-заронеду аз ишќњои сарироњї дурї биљўед!

суНбула (24 август - 23 сентябр)

Њафтаи нав зодагони бурљи сумбула бояд эњтиёткориро пеша намоянд, вагарна тўњмати нокасон асабњояшонро хароб ме-кунаду обрўяшонро мерезонад. Тўњмати душманонро оромона ќабул карда, љавоби сазовор дињед, вагарна бадхоњонатон аз бадбахтии шумо хурсанд мешаванд. Нимаи дуюми њафта дар муносибатњои ошиќона мушкилие ба мисли рашк ва хиё-нат пеш меояд. Албатта њиссиётро доштан кори начандон осон аст, вале агар тавонед бурд мекунед.

далв (21 январ - 20 феврал)

Њафтаи нав аксари зодагони бурљи далв аз саломатї шикоят хоњанд кард. Эњтимол фишори хун азобатон дињад. Фавран ба духтур мурољиат кунед, чунки тани сињат бењтарин ва ноёбта-рин сарват аст. Худро эњтиёт кунед. Нимаи дуюми њафта ошиќатонро бо хонуме ме-бинеду дар оташи рашк месўзед. Худро ба даст бигиреду пеш аз пода чанг наандозед, шояд ошиќатон бо њамкор ё шиносаш бо-шад. Љанљол бардошта асабњои худро харо-бу ёратонро дилхунук насозед.

Њамал(21 март - 20 апрел)

Ин њафта барои њамалњо серташ-виш мешавад. Бемор шудани шахси на-здикатон эњтимол дорад. Озурда набоше-ду њарчї аз дастатон ояд, дар њаќќи касе дареѓ надоред. Нимаи дуюми њафта аз сарчашмаи наве даромади калон ба даст меоред. Дар сарфи маблаѓ эњтиёт бошед, чунки хавфи ба чанги дуздон афтодани њамёнатонро ситорањо пешгўї намуда-анд. Дар масъалаи мењру муњаббат њоли њамалњо начандон хуб аст. Рашк метаво-над боиси љангу љанљол бо ёратон гардад. Аз ин рў ќадаматонро дониста монеду худро зери бало намонед.

асад (23 июл - 23 август)

Ин њафта дар њама кор муваффаќият њамсафари зодагони ин бурљ хоњад гашт. Шанси худро

аз даст надињед. Фикрњои аљибе ба саратон меоянд, агар наќшањоятонро ба таври бояду шояд рўи ќоѓаз оварда ба роњбаратон пеш-каш кунед, соњиби вазифаи наву сердаро-мад мешавед. Бахт асадњоро мададгор аст, ба шарте, ки танбалї накунанд.

Охири њафта майли ишќу ошиќї меку-нед, вале њоло ваќти ишќварзию истироњат нест, зеро корњои нотамоматон ин имконро намедињад.

саратоН (22 июн -22 июл)

Њафтаи нав забонатон-ро лаљом занед, чунки гапњои бемантиќатон боиси ранљиши азизи дила-тон гашта, ба решаи нињоли бахтатон теша зада метавонад. Нимаи дуюми њафта каме маблаѓ зарур мешавад, барои њалли кори муњим. Агар имкон даст дињад, ќарз биги-реду масъаларо њал кунед. Пулро баъдтар бармегардонед, озурда набошед. Охири њафта бо шахсе шинос мешавед, ки роњњои ба даст овардани даромадро ба шумо меомўзад. Махфї нигоњ доштани маблаѓро фаромўш накунед.

Љавзо (23 май - 21 июн)

Барои љавзоњо њафтаи нав ситорањо хабарњои аљибу шунида-

ниро ваъда медињанд. Хушхабарњоро овоза накунед, вагарна бахту барор аз шумо рўй мегардонад. Даромади

калони пулї болидаю дастатонро фарох мегардонад. Ба дўстонатон кўмак расони-данро фаромўш накунед.

Нимаи дуюми њафта ошиќатон ба-рои рўйпўш намудани гуноњњои кардааш тўњфаеро таќдим мекунад. Хурсандо-на тўњфаро ќабул намуда, ўро бахшед. Хушбахтї бидуни бахшишу њамдигарфањмї номумкин аст.

толеънома

Page 8: ШУмораи оила 31

№31 (755) 06.07.2014 8 оШХоНаи "оила"

Масъули сањифа Нодира Раљабова Пешнињодњои худро бо тел: 238-53-35 ва почтаи электронии [email protected] ирсол намоед.

-Акои Абдулмуъмин, шо-дем, ки даъвати моро па-зируфтеду ба остонаи «Оила» ќадам гузоштед.

-Ташаккур. Шодам, ки мо, актёрњо њам ба ёдатон раси-дем.

-Алњол, ки театр истироњат дорад, банди чї коред?

-Мисли дигар њампешагонам дар хона истироњат карда истодаам.

-Шуморо фарзанди Теа-три љавонон номидан мум-кин аст. Бигўед, ки имрўзњо љавонон тез-тез ба Теа-три љавонон мераванд?

-Бадбахтона шавќи мардум ба театр коста-аст. Љомеае, ки аз ноилољї рўзномаро ба њафтанома табдил додаасту бењтарин китобњо аз 500-1000 нусха зиёд чоп намешаванд, ма-гар ба тамошои театр ме-равад?!

-Мухлисонатон дони-стан мехоњанд, ки њ у н а р м а н д и дўсдоштаашон ба ѓайри наќш офаридан боз чи њунарњо дорад…?

-Ман њунарњои зиёд до-рам, масалан, хоб кардан, ѓизо хўрдан, рўз то бегоњ дар таги телевизор нишастан! (Механдад)

-Дар бораи ин њунарњоятон баъдтар сўњбат мекунем. Алњол бигўед, ки ош пухта мета-вонед ё не?

-Ман аз овони донишљўї њунари ошпазиро ёд ги-рифта будам ва то њол дар маъракањои хешу табо-ру њамкоронам вазифаи серравѓани ошпаз-повурро соњиб мешавам.

-Ба ѓайри ошпазї боз чї њунар доред?

-Боѓбони хубам. Дар хона ва дар њавлии театр чанд да-рахт парвардам. Бовар наку-нед, марњамат як бор аз наз-ди театри мо гузар кунед, да-рахтони тути маро бо чашми

худатон мебинед! Аллакай ба њосил даромадаанд. Дар хонаам бештар да-рахтони себ дорам.

-Аксари мардо-ни тољик хўрокпазиро кори занона шумурда мегўянд: «Занак рўзи дароз дар хона нишаста чї кор мекунад, агар хўрок напазад!» Шумо њам корњои ошхонаатонро бар дўши янга мепартоед?

-Ин аќидаи мардњоест, ки аз дасташон ягон кор намеояд. Кошкї Худованд хўрокпазиро аз азал пешаи мародона меофариду мо, мардњои њунарманд бо таъомњои бо-мазаамон занњоро ќоил ме-кардем!

-Гуфтаниед, ки аз янга б е њ т а р

хўрок мепазед?-Бе чуну чаро! Ман њам

мисли дигар мардњои ошпаз дасткушодам ва дегро аз гўшт пур мекунам. Албатта хўроки пухтаам бомазза меояд-дия!

-Хўроки дўстдоштаи Абдулмуъмин Шарифї чист?

-Њар хўроки хушмаззаро бо

иштињо мехўрам. -Ягон бор барои хўроки

шўр ё деги холї бо янга љанљол кардаед?

-Албатта! Бе ин намеша-вад.

-Мо фикр мекардем, ки шумо танњо дар филмњо наќшњои манфї бозида љангу љанљол мекунед…

-(Механдад). Албатта бењуда ба сари занам мушт намебардорам, вале бо ши-ками холї мењрубонї карда њам намешавад.

-Ба ѓайр аз ош боз кадом хўрокњои миллиро пухта метавонед?

-Шакаробро чунон бомазза тайёр мекунам, ки њатто Бо-бои Ќурбон ин хел шакароб карда наметавонад! Ќурутоб,

фатирмаска, пиёва ва атола њам тайёр карда метавонам.

-Барои мухлисонатон чї мепазед?

-Барои хонандагони «Оила» тарзи тайёр кар-дани хўриши кореягиро ёд медињам.

Сўњбаторо Рустам Азимї

Хейлит илтињоби пардаи луобї ё сурхшавии атрофи лаб буда бо чанд сабаб пайдо мешавад. Пўсти лаб аз пўсти дигар мавзеи ба-дан нозуктар аст. Боду њаво, экологияи бад, моддањои кимиёвї, косметика, хўрок ва дигар моддањои зарар-нок метавонад боиси осеб дидани пўсти лаб гардад. Сабабњои пайдоиши хейлит хеле зиёданд, аз ин лињоз, табобаташ ба таври гуно-

гун ба роњ монда мешавад. Мутахассиси аввалине, ки бо пайдо шудани нахустин нишонањои беморї ба ў мурољиат кардан лозим аст, стомотолог мебошад. Илла-ти беморї аз дандон набо-шад, дандонпизишк бемор-ро ба назди табиби дигар мефиристад.

норасоињои витаминњо

Беморї бо сабаби но-расоии витаминњо пайдо шуда бошад, (хусусан ви-тамини В2 ва В6) пўсти лаб ва пардаи луобии он ба сўзишу хориш даромада, сурх мешавад. Дар кунљаки лабњо тарќишњои хуншор ба вуљуд меоянд. Истеъ-моли витаминњои А, Е ва гурўњи В, њамчунин парњез намудан аз хўроки тунд, шур, турш, љўшон раван-ди шифоёбиро метезонад. Меваву сабзавоти ширин-ро бештар истеъмол кунед, аз љумла мањсулоти дорои оњан ва рибофловин, гўшти гов, мањсулоти ширї фоида-бахш мебошад. Мунтазам аз лабсурхкунаки гигиенї истифода бурда, аз одати лесидани лабњо, хусусан дар кўча худдорї бояд на-муд.

боду њаво гунањкор

Њавои сарду шамоли сахт аксаран ба лабњои одамоне таъсир мерасо-над, ки дар њавои кушод кор мекунанд ва љисмашон ба боду њаво њасос аст. Нишонањои беморї дар ин тоифаи одамон дар шак-ли хушкшавї, сўзиш ва пўстпартої, инчунин пайдо шудани ярачањо дар лаб зуњур менамояд. Барои ху-дро аз хейлит муњофизат намудан дар њавои сарду шамоли сахт дар кўча кам истед ва њатман аз косме-тикаи муњофизатї барои лаб истифода баред. Ви-тамини гурўњи В, инчунин РР-ро истеъмол намоед. Аз мањлулњои шифобахш барои муолиљаи ярањо ис-тифода бурда, зуд-зуд дањонатонро бо гиёњоби бобуна, решаи булут (кора дуба), календула чайќонед.

бемории мавсимї

Пўсти лабњои баъзењо ба нурњои ултрабунафш њасос аст. Беморї дар фаслњои бањору тирамоњ пайдо шуда, баробари иваз шудани та-биат гум мешавад. Одатан лаби поёнї варам карда, суп-сурх мешаваду пур аз

пулакчањои сафед. Нафари ба чунин иллат гирифтор-шударо сўзишу хориш ва дарди лаб азият медињад. Барои табобат таъсири нурњои офтобро кам сох-тан кофї нест, пайваста аз косметикаи аз офтоб њифзкунанда истифода бур-дан лозим меояд. Аз мазњои дорои њормон (гидрокорти-зоновая) истифода бурда, витамин хўреду бо гиёњњо дањонатонро чайќонед.

аллергияПўсти атрофи лаб

ба моддањои кимиёвї, моддањои рангкунан-даи таркиби хамираи дандоншўї, лабсурхкунак, дандонњои сунъї њассос бо-шад, бемории хейлит пайдо мешавад. Аксаран бонувон гирифтори ин касалї меша-ванд. Пўсти атрофи лабњо варам карда, сурх мешава-ду пўст партофта, тарќиш пайдо мекунад. Барои табо-бат аз доруворињои зидди аллергия ва витаминњо ис-тифода бурда, малњамњои зиддиилтињобї молед. Баъ-ди хўрокхўрї дањонро бо оби бобунадор ё сода до-шта чайќонед.

асабї нашаведБо як сабаби сурхша-

вии пўсти лаб руњафтодагї, ташвиш ва бемории асаб аст. Дар ин њолат танњо мобайни лабњо сурх шуда, ду кунљаш солим мемонад. Сурхшавї ё хушкшавї ба вуљуд меояд. Аксаран дар бонувон ва љавондухтарони асаббемор ин касалї дида мешавад, чунки ин тоифаи бонувон одати лесидану га-зидани лаби поёниашонро доранд. Барои табобат аз мазњои зиддиилтињобї ва зиддибактериявї, витами-ну доруи баландсозандаи масунияти бадан истифода бояд кард.

бемории замбурўѓї

Бо як сабаби дигари сурхшавии пўсти атрофи лаб бемории инфексионии замбурўѓї аст. Сабаб дар тоза накардани дањон, но-расоии витамини В, дуру-дароз истеъмол намудани антибиотикњо, ѓизои ноду-руст (кам будани сафеда, зиёд будани карбогидратњо) мебошад.

Барои табобат пеш аз њама барои муайян сохта-ни инфексия аз ташхис гу-заред. Табиб доруворињои зиддизамбурўѓиро тавсия медињад, ки онро якљоя бо витамини В ва љавњари аскорбин истеъмол наму-дан лозим аст.

аСрори Зебої

дамламамањсулоти лозима:

гўшт, пиёз, сабзї, карам, ќаланфури

булѓорї, картошка, равѓан

тарзи тањия:

Аввал дар дег гўшт баъдан пиёзу

сабзї ва ќаланфури булѓориву кар-

тошкаро мезирбонем. Ба болояш ка-

рамро ќисм-ќисм реза карда мепарто-

ему сарпуши дегро мањкам мепушонем.

10 даќиќа пас як коса об мерезем. Дам-

лама 30 даќиќа љўшида тайёр мешавад.

Хўриши кореягї

мањсулоти лозима:

Сабзї – 1 кг, равѓани

растанї - 5 ќошуќи калон,

шакар– 0.5 ќошуќи калон ё ин

ки ба майли худатон, сирко

(70%) – 1 – 2 ќошуќча , сирпиёз

(чеснок) – ба майли худатон,

занљабили сурхи кўфта – ним,

ќошуќча ё ба майлатон, ѓураи кашниз- 1.5 кошуќча,

намак – 3 – 4 ќошуќ

тарзи тањия:

Сабзиро шуста, пўст карда аз турбтарошак мегузаро-

нему намак мепошем. Баъди омехта намудан сабзиро

20-30 даќиќа дар тафдони начандон гарм мезирбонем.

Ваќте сабзї мулоим шуд, то ширааш баромадан онро

мељабем. Шираи њосилшударо дар зарфе гирифта ме-

монем ва занљабилу сирпиёзу кашнизро реза карда бо

сабзии љабидашуда аралаш мекунем. Акнун сирко ва

шакар пошида сабзиро ба баќлашкањо мебардорему

майонезро ба болояш мерезем ва шираашро аз болояш

мерезем.

актёр хўрИшИ кореягї тайёр мекунад

хейлИт беморИИ лаб

абдулмуъмин шариповро њамагон хуб мешиносанд. ин марди њунар солњост, ки дар театри љавонони ба номи мањмудљон воњидов њунарнамої мекунад ва дар

баробари ин, дар кино низ наќшњои љолиб меофарад, вале алњол мо дар бораи њунари дигари абдулмуъмин-

ошпазї суњбат карданием.

Page 9: ШУмораи оила 31

№31 (755) 06.07.2014 9муЊоЉир

њафтаи гузашта

номаи мўйсафеди

77 солаеро бо унвони

«мурдаам дар

кўча мемонад»

хондему диламон

косаи зардоб гашт.

«Наход дар дунё чу-

нин писарњои бе номус

њам бошанд-а?!» сар

љумбондаю лаб газида

мегуфт кампирам. Са-

баби ба њайрат омада-

ни модари бачањои ман

дар он аст, ки писарони

мо аз тоифаи дигаранд ва баъди Худо пада-

ру модарро муќаддас мешуморанд. Писари

калонї дар шањри Маскав фирма кушода

њар се бародарашро ба наздаш даъват

намуд. Ману кампирам, ки бардаму сало-

мат будем, писарњоро дуои сафед дода

ба назди акояшон гусел намудем. Як сол

пас њар чор фарзандонамон бо халтањои

пурбор ба дења баргаштанд. Писаронамон

чунон пањлавонљуссаю зебо шуда буданд,

ки ману кампиракам ќариб онњоро наши-

нохтем. Духтарњои таги чашм кардаи оча-

ашонро хостгорї намуда, тўйи осмонкаф

оро-стему якбора ду писарамонро хонадор

кардем. Як моњ пас бачањо «корамон ме-

монад» гўён, боз озими Русия гаштанд.

Њар кадомашон њар моњ 10 њазори рубли

русї мефиристанд ва таъкид мекунанд, ки

наѓз хўрем, наѓз пўшем ва саломатиамон-

ро эњтиёт намоем. Келинњоямон духтарони

хубу солењаанд ва иззату њурматамонро ба

љо меоранд. Худоро шукр гуфта, дар њаќќи

фарзандони бо нангу баномусамон дуои

нек мекунем. Бо эњтиром:

Фармонбой ва Садафмоњ

дуоИ љонИ бачањоямонро мекунем

њамин тањдид маро ба нашъаљаллобї маљбур намудНафси бад–балои љон гуфтагї ба-

рин, чанд сол пеш фикри бо роњи осон соњиби пули калон гаштан маро бо як гурўњ нашъаљаллобон рафиќ кард. Наќша доштам, ки ду-се маротиба «бор» бурда, чор ишке-ли зиндагиамро бутун месозам ва баъди худамро гирифтан аз бањри нашъаљаллобї мебароям, вале хаёлам хом баромад. Бо пули нашъа хонаю дар сохтам, зан гириф-там, мошин харидам. Акнун дигар ба пул ниёз надоштам ва мехостам ягон маѓоза кушода, одам барин зиндагї кунам, вале шариконам маро ба њоли худ намонданд. Сардори гурўњ занг зада, талаб кард, ки фавран чипта харида ба Маскав парвоз кунам, зеро «бор»-ро гузарониданам лозим. «Роњи ману шумоён аз ин пас људост» гуфта гўшакро монданї будам, аммо «наркоба-рон» бо ѓазаб тањдид намуд: «Њой саѓера, ба хубї биё, набошад одам мефиристам, сари падаратро дар пеши чашмат аз та-наш људо мекунад!» Бо шунидани ин гап

маро обу араќ зер кард, зеро медонистам, ки ин тањдиди хушку холї нест, аз дасти одаме, ки «дар рўйи пул роњ мегардад» њар кор меояд. Ночор роњи фурудгоњро пеш ги-рифта, чипта харидаму худи њамон рўз ба Русия парвоз кардам. Барои густохї хеле сарзаниш шунида бошам њам, чизе нагуфта, аз пайи иљрои супориш шудам. Бадбахтона маро дар шањри Саратов боздошт наму-данд. Азоби 21 соли зиндонро ба гардан гирифта, рафиќонамро нафурўхтам, зеро бароям чун рўз равшан буд, ки агар рози гурўњро ифшо намоям, зинда намемонам. Падарам хабари ба зиндон афтиданамро шунида ба дарди дил-инфаркт гирифтор шуд. Акнун дар паси панљара нишаста си-мои зебои њамсарам ва писарчаи баъди мањбус шудани ман ба дунё омадаро пеши назар оварда, хуни дил мехурам, вале пушаймонї дигар суде надорад!

Исроил, мањбус аз шањри Новосибирск.

Хонандагони азиз! њафтаномаи «Оила» ба-рои муњољирони тољик, ки дар Русия њастанд ва ањли хонаводањояшон сањифаи наверо

бо унвони «Муњољир» боз мекунад. Инак, се номаи пурдардро аз ин силсила пешкашатон месозем. Шумо њам гуфтание ба азизонатон дошта бошед, њатман ба сањифаи «Муњољир»-и «Оила» нависед. Мо номањои ба пайвандони дар Русия будаатон тааллуќдоштаи шуморо дар њафтавори «Оила-Россия» ва розу ниёзи љигарбандони дар Руссия будаатонро дар њар шумораи «Оила» нашр намуда, миёни шумоён робитаи наздикро тариќи газета барќарор менамо-ем. Интизори номањои шумоём! Телефонњо барои маълумоти муфассал:

238-53-35 ва 985-81-89-81

Падарам муфлис гаш-

та, маљбур шуд, ки хонаву

дар ва боѓу роѓамонро ба

фурўш монда, ќарзњояшро

баргардонд. Бехонаю дар

ба дар шудем. Як рўз дар хонаи

амакњоям хоб мекарде-

му рўзи дигар дар хонаи

таѓоњоям. Модарам аз таъ-

наи хешонаш ба танг ома-

да бо падарам љанљол бар-

дошт ва падарам сари ќањр

либосњояшро гирифта,

баромада рафт. Модарам

пушаймон шуда бошад

њам, падарамро аз роњаш

баргардонида натавонист.

Хоњаронам њамроњи мо-

дарам монданду ману до-

дарам дасти падарамонро

мањкам доштем. Хулоса, њамроњи пада-

рам ба шањри Москва ома-

дем. Ба чандин корхонањо

коркобї рафта бошад њам,

падарамро дар ягон љо ба

кор ќабул накарданд. Бо

маслињати як зани ош-

нояш падарам аз ночорї

нуќтаи «шаурма»-фурўшї

кушод. Шаурмањои бомаз-

заи мо ба зудї талабгори

зиёд пайдо намуд. Дар як

сол пули зиёд љамъ карда

ба мо-

дарам фиристодем, то аз

маркази шањр хонаи ба

табъи дилашро хараду ди-

гар бо падарамон љанљол

накунад. Шаурмафурўшї

оилаи моро аз парокандагї

наљот дод. Падарам сад

шукр гуфта, таъкид меку-

над: «Бо нангу ба номус

шавед, фарзандонам. Сар-

навишти падаратон бояд

ба шумо дарси ибрат гар-

дад. Њамон рўз, агар ман

сари нангу номус омада,

азими Русия намегаштам,

шояд то њол дар ба дару

таънашунав мемондем ё

аз модарат људо мешуда-

му шумоёнро зиндаятим

менамудам!» Маќсади саргузашта-

монро наќл карданам худ-

намои нест. Мењохам ди-

гар мардони тољик аз па-

дари ман ибрат бигиранд

ва бекориро бањона карда

нашинанду сари нангу но-

мус омада, барои таъмин

намудани зану фарзан-

донашон кўшиш намоянд.

Мард кўњро зада талќон

мекунад, агар сари нангу

номус биёяд! Фаррух аз кўчаи

Горкыйи ш. Масква

Масъул: Рустам

«СарИ падаратро аз танаш људо мекунем!»

аз шаурмаФурушї

СоњИбИ хона шудем

Page 10: ШУмораи оила 31

№31 (755) 06.07.2014 10 чорсўи зиНдагї

-Ман аз ў фаќат њуљљат пурсидам,-авзои амаки Федяро дида сулњљўёна гуфт милиса,-Ман танњо вазифаамро иљро карда истодаам. Шумо дар иљрои вазифаам ба ман халал расонида истодаед…-Мо дар бораи чи тавр вазифаатонро иљро намудани шумоён бисёр шунидаем. Маќсадатон танњо аз ин бечорањо пул кандан...

(Давомаш. Аввалаш дар шуморањои гузашта)

Шоњин баъд аз андаке анде-ша гуфт:

-Майлаш, ба Кўлоб њам бо-шад, мешавад…

Гаврила бори дигар сар то пои Шоњинро аз назар гузарони-да пурсид:

-Њуљљатњоят дар дастат?Шоњин сухане нагуфта сум-

каашро ба болои хараки ниша-стааш гузошту аз дохили он ши-носнома ва дигар њуљљатњояшро бароварда ба Гаврила дароз кард. Љавонмард пас аз бо диќќат аз назар гузаронидани њуљљатњо бо њайрат ба Шоњин нигариста гуфт:

-Ту барои шањрвандии Руси-яро гирифтан њуљљат пешнињод кардаи- ку?! Барои соњиби ши-носномаи руси гаштан бояд се моњ аз кишвар берун набарої. Чаро рафта истодаї?

Холаи Маша ва амаки Федя бо њайрат ба вай нигаристанд. Шоњин сарашро хам карда гуфт:

-Модарам бемор шудааст, маљбурам, ки равам…

Бори аввал буд, ки Шоњин дар масъалаи модараш дурўѓ мегуфт ва аз ин худаш њам шарм карда, сурх шуд. Худо шоњид буд, ки модараш дар њаќиќат бемор асту Шоњин дурўѓ намегўяд, вале худи љавон инро намедонист. Барои касоне, ки ба ў менигаристанд, ин љавоб ќонеъкунанда буд ва дигар дар ин бора чизе нагуфтанд. Танњо Гаврила маслињат дод:

-Бењтар мешуд, ки аввал соњиби шиноснома гашта, баъд равї, чунки барои бори дигар чунин имконият ёфтанат ваќти бисёре лозим аст. Шоњин азми худро танњо бо як ибора изњор намуд:

-Бояд равам! -Ин тавр бошад, шумоён

суњбат карда шинед, ман зуд чипта гирифта меорам. Кани маблаѓаш?

Шоњин аз кисаи болопўшаш чанд њазорсумаи русиро баро-варда ба Гаврила дароз карду гуфт:

-Мерасида бошад?Гаврила аз байни пулњо

маблаѓи даркориро гирифту боќимондаашро ба Шоњин да-роз карда гуфт:

-Инашро ба хона, ба модарат бар,-ва худаш ба самти дигари толори фурудгоњ, ки он љо чипта мефурўхтанд, равона шуд.

Баъди рафтани Гаври-ла чашми як нафар пулис, ки дар толор пилмида мегашт ба Шоњин афтоду наздаш омада омирона фармуд:

-Марњамат карда њуљљатњоятонро нишон дињед!

Њанўз Шоњин фурсати љавоб додан накарда амаки Федя гуфт:

-Худат дида истода буди, ки њуљљатњои ин љавонро худи њозир аз дасташ гирифта барои чиптахарї бурданд, боз чаро

мепурси?-Гражданин, ман аз шумо на-

пурсидаам. Бояд худаш љавоб дињад. Шумо аралаш нашавед!

Ќањри амаки Федя баромада дод зад:

-Ту дидаю дониста чизи на-бударо аз ин љавон пурсию ман аралаш нашавам?! Шумо калон доред?

-Ман аз ў фаќат њуљљат пурсидам,-авзои амаки Федяро дида сулњљўёна гуфт милиса,-Ман танњо вазифаамро иљро карда истодаам. Шумо дар иљрои вазифаам ба ман халал расонида истодаед…

-Мо дар бораи чи тавр вази-фаатонро иљро намудани шумо-ён бисёр шунидаем. Маќсадатон танњо аз ин бечорањо пул кан-дан. Вазифаи худро танњо дар њамин мебинед,- паст наомад мўйсафед.-Ин љавон њамроњи ман аст, њамаи њуљљатњояш дар љояш. Ягон гапи дигар до-шта боши, гўй, вагарна њозир Гаврила-љияни ман, ки дар ин љо калон аст, биёяд аз болои ту шикоят мекунам! Ў барои ин љавон чиптагирї рафт.

-Худи Гаврила Степанович? Муовини сардори фурудгоњ? Ња-ња-ња! Аљаб гапњое мезанед! Бўйи дурўѓаш аз сад чаќрим омада истодааст. Гаврила Сте-

панович барои њамин сиёњљурда чипта ме-

харидааст! -Њой бача, ќањрамро

набиёр! Мани

мўйсафед магар дурўѓмегўям?! Маша, бин, ин термизак чи мегўяд?

-Федяи ман дар умраш дурўѓ нагуфтааст ва одами дурўѓгўйро душмани љонаш мењисобад. Бењтараш ин љавонро ором гу-зору аз паи корат шав, вагарна...

-Вагарна чи?-оташ гирифт милиса.

-Вагарна бо сардоронат сару кор гирифтанат лозим меояд! Ин љавон ягон ќоидаро вайрон накардааст, ки ту ўро истинтоќ намої! Вай њам ту барин одам аст ва њаќ дорад, ки дар ин љо бањузур шинад...

-Ман вазифаамро иљро карда истодаам,-бонг зад милиса.

-Шояд, вале ман ба ту бо за-бони руси гуфта истодаам, ки њамин њоло њуљљатњои ўро ба-рои чиптахарї бурданд ва вай дар дасташ чизе надорад.

-Майлаш, ваќти ман бисёр аст, интизор мешавам…

Шоњин, ки ба бањси милиса ва амаки Федя хамроњ нашуда менишаст аз дур омада исто-дани Гавриларо дида, нафаси сабук кашид.

Гаврила баробари расидан милисаро дар пањлуи онњо дида гуфт:

-Ња Иван, амаки ман ягон ќонуншиканї кардааст, ки дар пањлўи ў мисли ќаровулњо истодаї?

Милиса баробари дидани ў мисли найза рост шуда, даст ба чаккаи сараш бурд ва саросема-вор гуфт:

-Узр мепурсам Гаврила Сте-панович! Ин кас ягон кор на-кардаанд, ман танњо њуљљатњои ин љавонро,-ба Шоњин ишора намуд милиса,-тафтиш карда-ни будам, вале ин кас намонда гуфтанд, ки дар дасташ нест.

-Дуруст кардаанд, њуљљатњои Шоњин дар дасти мананд,-номи љавонро гирифт Гаврила, ки аз рўи шиноснома онро хонда буд,-Ту аз паи корат шав, инаш ама-ки ман, инаш холаи Маша, номи ин љавон Шоњин, фањмидї? Ту барои чи њуљљатњои њо ана он мардро,-ба тарафи як на-

фар ишора намуд Гаврила,-намебинию ба назди ин љавон омадї? Вай мусофир аст, барои њамин?

-Бори дигар узр мехоњам, Гаврила Степанович, аз шумо њам,-ба амаки Федя рўй овард милиса, аммо ба Шоњин њатто нимнигоње њам накард.

-Бењтараш ту аз ин љавон узр пурс,-бо сараш ба тарафи Шоњин ишора намуд амаки Федя. Милиса зери лаб ѓунгосзанон чизе гуфту ба тарафи дигари толор роњ пеш гирифт.

-Аз паи «сайди» дигар рафт,-гуфт амаки Федя,- инњо одат кардаанд, ки ба як- ду суми бо азоб ёфтаи ин бечорањо шарик шаванд!

-Ана ба ту чипта, то Кўлоб. Баъд аз се соат тайёра парвоз мекунад,-њуљљатњоро њамроњи чипта ба Шоњин дароз карда гуфт Гаврила,- агар то ваќти парвоз касе ба мисли ин мили-са ба ту кордор шавад, ба ман мурољиат кун. Кабинети ман дар охири њамин толор. Дар паси дараш ному насабам навишта шудааст. Боз чи хизмат кунам?

-Рањмат Гаврилаљон, хуб хизмат кардї! Ту намешудї, ин

љавон азоб мекашид!-Шоњин ба шумо кор карда

буд?-Не, мо ўро ваќти ширамон-

ро ба комбинат овардан дар роњ вохўрдем. Ба назарамон љавони хуб намуд, барои њамин кўмакаш намудем.

-Ман дили рањмгини њардуи шуморо медонам! Хайр, ман аз паси корам меравам. Дар амо-ни Худо бошед, -Гаврила инро гуфта бо онњо хайрухуш карда рафт.

-Ташаккури зиёд, ки ба ман кўмак расонидед. Намедонам, агар бо шумо во намехўрдам, њоли ман чи мешуд,-арзи миннатдорї намуд Шоњин.

-Саломат бош писарам. Дар ин дунё одамон бояд ба њамдигар ёрї расонанд. Ин ќарзи инсонии мост. Худо дар корат барор ато кунад. Ман дар ваќташ аз байни њаммиллатони шумо дўстони зиёде доштам. Дар артиш якљоя хизмат карда будем. Одамони хубе буданд,-андешамандона гуфт амаки Федя.

-Модаратро эњтиёт кун, пи-сарам! Аз њама чизи азиз ба-рои инсон модар аст,-ваќти хайрухуш насињат кард холаи Маша,- Мабодо боз гузарат ба тарафњои мо афтад, бидон, ки дари кулбаамон њамеша барои ту кушода аст.

-Рањмат! Саломат бошед. .....

Пас аз чанд соат Шоњин дар тайёра ба Ватан парвоз карда истода андеша менамуд, ки таќдир дар як муддати кўтоњ ўро бо одамони бад кинаю со-фдил, золиму рањмдил, фиреб-гару поквиљдон рў ба рў карда, бори дигар исбот намуд, ки њаёт иборат аз муборизаи ду ќувва-некию бадист. Дар нињояти кор кадоме аз он ќуввањо ѓолиб мео-янд, инро ба љуз Худованд дигар касе намедонад…

(Давом дорад) А. ЊОЧЇ

ИшќИ тИллоИИ муњољИрИ тољИк

таъбири Хоб

Кї Худовандро хоб мебинад?

Офарандаи замину осмон ва холиќи љумла мављудот-Худованди бузругро ањён –ањён баргузидагон хоб меби-нанд. Касоне, ки чунин хоби муборак мебинанд, ангуштшу-моранд, вале ба њар њол мо чанд таъбири чунин хоби не-кро бароятон бозгўй менамо-ем.

Офаридгорро дар хоб шоду мамнун дидан далели он аст, ки Холиќи Љаббор аз ин одам розист ва аллакай дуою ду-рудашро ќабул кардааст. Касе хоб бубинад, ки Худованд рўяшро ба ў гардонидааст, хушњол шавад, зеро ин далели хайр бар он ишорат мекунад, ки дар рўзи ќиёмат Офаридгор бар рўяш бо тасаббум нигари-ста, подоши некињои дар ин дунё кардаашро медињад ва як гўшаи љаннат насибаш ме-гардад. Дар хоб ба одам чизе аз неъматњои заминї додани Оллоњ аз беморї ё фољиае да-лолат мекунад, ки ба наздикї бар сараш хоњад омад ва фарљомаш марг бошад, вале марги бо имон. Љойи чунин инсон баъди рењлат намудан аз ин саройи дудар фирдавси барин, яъне бињишт аст. Худо-вандро дар замин дар шањр ё мањаллаи шиносе хоб дидан нишонаи боридани файзу ба-ракат дар он сарзамин бошад. Хоб бубинед, ки Офаридгор касе аз пайвандони шумо-ро маломат карда истодааст, пас бидонед, ки он одам ягон гуноњи азим содир намудааст ва Худованд аз вай розї нест. Њатман хобатонро ба он кас бигўед ва маслињат дињед, ки сидќан тавба намояд, то ба ѓазаби Парвардигор гирифтор нашавад. Касе хоб бубинад, ки бо Худованд суњбат карда истодааст, ду ракат намози шукрона бихонад, зеро ин хоб бар он далолат мекунад, ки шахси хобдида соњибкаромот гашта, азизу нури дидаи мар-думон мешавад.

Љабраилро хоб дидед?

Хоб дидани фариштањои Худованд аслан далели хайр аст, вале ин ба он вобаста мебошад, ки кадоме аз мало-икро хоб мебинед, масалан Њазрати Љабраилро хоб дидан аз поён ёфтани роњи сафари инсон дар ин дунё шањодат медињад. Касе хоб бубинад, ки Љабраил ба вай таъом дода истодааст, бидонад, ки ба ќарибї дар бињишти љовидон маъво мегирад. Чењраи Љабраил дар хобатон ѓамолуд бошад, шуморо беморї ё муш-килоти љиддие интизор аст ва ё бояд аз имтињони навбатии Худованд бигзаред.

микоил чї мегўяд?

Њазрати Микоилро хоб ди-дани одами худотарс далели хайр аст ва бар он ишорат мекунад, ки шахси хобдида ба муроди дилаш мерасад. Ода-ми бе эътиќод Микоилро хоб бубинад, бояд эњтиёт шавад, то балои азиме бар сараш на-ояд. Хоб бубинед, ки њазрати Микоил дар љойи бароятон ши-носе нишастааст, бидонед, ки дар он мавзеъ борони рањмат меборад ва соли фаровонию арзонї мешавад. Касе дар хо-баш бо Микоил суњбат намояд, хушбахт ва ба давлат меша-вад.

Тањияи Фирўза Сатторї

Page 11: ШУмораи оила 31

№31 (755) 06.07.2014 11заН ва мард

Зарарро кам созед

Рўзи дароз дар назди компютер менишаста бошед, натанњо чашм, балки дигар узвњоятон низ зарар мебинанд. Камњаракатї боиси фарбењї гашта, хун дар узвњои аз миён поён шах мешавад ва ин бои-си беморињои гинекологї ме-гардад. Азбаски њавои атро-фи компютер хушк мегардад, узвњои роњњои нафас низ осеб меёбанд.

Хушбахтона, зарари компю-терро кам кардан мумкин аст. Хоњед, ки чашмонатон зиёд ха-ста нагарданд, ин ќоидањоро риоя намоед.

1.Мониторро 50-60 см аз худтон дур гузореду марка-зи экранро рў ба рўи чашмон. Компютер аз як тараф гузошта шуда бошад, на танњо ба чашм, балки ба сутунмуњра низ зарар мерасад.

2.Мизи корї бояд дар пањлуи тиреза гузошта шавад. Рў ба љониби тиреза нишастан боиси пайдо шудани нур дар монитор гашта, ба чашм зарар дорад.

3.Экрани монитор набояд аз се ранг зиёд дошта бошад. Ранги осмонї-хокистарї ё зар-ди сабзча хубтар аст.

4.Баъди њар як соати корї бо компютер машќи панљдаќиќагии чашм (пўшидани чашм, чашмакзанї, ба росту чап нигоњ кардан, аз нўги бинї ба манзараи берун аз тиреза нигаристан) лозим меояд.

5.Дар чашмонатон эњсоси даромадани регро намоед, ба табиби чашм мурољиат кунед. Табиб ба шумо чакрадоруњои махсусро тавсия менамояд.

ба тозагї риоя кунед

Нахоњед, ки чанги зараровар ба шушњоятон шинад, дар авва-ли кор ва баъди он бо салфет-каи махсуси компютертозакунї ё бо латтаи намнок монитор-ро тоза кунед. Фаромўш насо-зед, ки њамарўза бо латтаи тар тоза кардани љойи корї нурњои зарарноки компютерро рафъ месозад. На танњо худи ком-пютер, балки клавиатура низ макони микробњо аст ва онро

бояд тоза кард. Њатман баъди кор бо компютер дастонатонро бо собун шўед. Хусусан ваќти ба хўрокхўрї рафтан. Њавои утоќро аквариум хеле хуб на-мнок месозад. Рафту моњиро дўст намедошта бошед, ба мизи кориятон кўзаи об ё чанд-то кактус гузоред, он гоњ њавои утоќ хушк нашуда, аз нурњои зарарнок эмин мемонед. Зуд-зуд њавои утоќи кориатонро тоза намоед.

Худро азоб надињед

Камњаракатї ва дар як љой нишаста кор кардан беш-тар ба узвњои њаракаткунанда таъсир расонида, боиси пир-шавии бармањали сутунмуњра мегардад. Ба бемории осте-охондроз гирифтор шудан

нахоњед, аз сардоратон талаб намоед, ки ба шумо мебели дуруст-нармкурсињои махсуси компютерї бо пуштаки анато-миро муњаё намоянд ва њангоми кор дуруст нишаста, зуд-зуд машќњои љисмонї кунед. Акса-рияти мардуми коргар дар бо-лои мизи кориашон сарро як-тарафа монда хоб мераванд. Дар ин њолат гардану мушакњои пушти гардан фишор мехўранд. Дар чунин њолат дурудароз хо-бед, хун дар рагњои сутунмуњра шах шуда, боиси халалёбии гардиши хун дар маѓзи сар ме-гардад. Дар натиља дарди сар, хастагии зиёд ва сустшавии хо-тира пайдо мешавад. Аз рўйи имкон тарзи нишастро зуд-зуд таѓйир дода ба мушакњо фишор наоред. Хастагї эњсос намудед,

њатман дар љойи нишастан бо дасту пойњо њаракат карда, ху-дро дар курсї ба пушт партоед. Рафту имкони иљро намудани машќњои љисмониро дар љойи корї надошта бошед, аќаллан аз назди миз хеста дастонатон-ро боло бардоред. Бењтараш баъди њар як ду соати кори бетанаффус љойи кориро 15-20 даќиќа ё баъди њар як соат 6 даќиќа тарк намоед. Дар ин даќиќањо дар роњрави корхона бо нўги пой ё бо пошнаи пой роњ гардед. Барои миёни шахшу-да машќи бењтарин чунин аст: пойњоятонро васеъ гузореду дастонатонро ба миён. Мањси гардан ва устухони даст низ хуб аст. Остеохондрози гардан бештар дар кормандони офисњо пайдо мешавад.

Ваќте инсонро ѓаму андуњ фаро мегирад, атрофиён ашк рехтанро тавсия медињанд, зеро гиря кардан эњсоси сабукї мебахшад. Ашкрезиро аз даврони ќадим шифобахш мешуморанд. Имрўз илм инро собит намудааст. Табобат бо усули ашкрезї махсусан дар Љопон доман пањн кардааст. Мардуми ин сарзамин аз дав-рони ќадим дар назди мардум ашк рехтанро шармандагї мењисобиданд. Дар бораи пурсабриву тањаммулпазирии љопонињо ривоятњо хеле зи-ёданд, аз њамин хотир ба-рои осон сохтани мушкили мардуми оддї «семинарњои ашкрезї» ташкил карда шуд, ки дарњол ба љопонињо писанд афтиданд. Дар семинарњои пулакї гурўњи одамон љамъ меоянд ва сањнањои риќќатоварро аз кинофилмњо тамошо карда, мегирянд. Барои онњо ѓамангезтарин оњангњоро мешунавонанд, то оби чашмонашон љорї шавад. Одатан дар фољиаи нафа-ри дигар гириста, одам ѓаму андуњи нињони худро пеши на-зар меорад ва ашк рехта, ди-лашро сабук месозад. Барои он ки гиря сабукї орад, инсон бояд тамоми дарду андуњи худро ба забон оварда, биги-ряд, то ки аз он рањої ёбад. Бадбахтона, на њама ин корро карда метавонанд. Аз њамин хотир стресс якљоя бо ашк бе-рун нашуда, инсонро дарун ба дарун мехўрад.

гирёнчак дилкасал намешавад

Дар танњої зиёд ашк рех-та намешавад. Дар њузури дигарон гиристан аз он љињат манфиатбахш аст, ки кўшиши ором сохтан аз љониби атро-фиён алами шахси гиря ме-кардаро зиёд месозад ва аз тањти дил мегиряд. Ашкрезї рефлекторї ва эњсосї меша-вад. Гиряи рефлекторї пар-даи луобии чашмро тоза ва њифз менамояд, масалан ба чашм хас дарояд, дарњол оби дида љорї мешаваду чашм по-киза мешавад. Имрўз мо дар бораи дигар намуди ашк су-хан меронем. Ашки табобатї ашки эњсосї аст, мањз њамин намуди оби дида одамро аз стресс њифз намуда, аз дарду ранљ рањої мебахшад. Занњо ќобилияти хуби зуд-зуд ашк рехтанро доранд ва бо ин ама-лашон стрессро аз љисмашон бароварда, худро аз дардњои

гарон эмин нигоњ медоранд. Тавре олимон собит наму-

даанд, гирёнчакњо хеле кам аз беморињои дилу рагњои хунгарди он азият мекашанд. Њангоми ашкрезї мушакњо суст гашта, тапиши дил оњиста ва фишори хун муътадил ме-гардад. Дар натиља стресс љисмро рањо месозад. Ба аќидаи олимон якљоя бо ашк аз љисм як ќатор моддањои зарарнок берун меоянд. Ашк дардро кам мекунад, зеро њангоми гирякунї љисм мод-даи таскинбахши энкефалин-ро мебарорад.

Рафту сад дар сад муътаќид бошед, ки ашкрезї усули шумо нест, ѓамгин на-шавед. Барои бо роњи дигар рањої ёфтан аз буѓзи дил боз њам аз љопонињо ибрат гириф-та, дурудароз ба тамошои та-биати зебову дилфиреби киш-варамон машѓул шавед.

аќидае маъмул гаштааст, ки њангоми њомиладорї зан ба даврони кўдакияш бармегардад. ин

аќида нодуруст аст. дар њаќиќат дар

љисми зани њомила таѓйиротњои куллї рух медињанд, вале ин

чизи дигар аст.

Зан нисбати худ бодиќ-ќаттар гашта, ба эњсосоти наву њолати ѓайримуќаррарї ботаваљљуњ мегардад. Дар ин лањзањо дар њаќиќат бонуи њомила ба кўдак монанд меша-вад. Азбаски кўдакон инљиќанд, сабаби инљиќии бонуи њомила њукми табиат аст. Рафто-ри кўдаконаи зани њомила аз он шањодат медињад, ки ба наздикї њаёти ў ба куллї таѓйир меёбад ва барояш кўмаки наздикон лозим меша-вад. Баъзан зани њомиладор то давраи таваллуд карданаш тавре рафтор мекунад, ки гўё чизе таѓйир наёфта бошад. Ин амали бонуи њомила бо-иси ташвиш аст. Беањамиятї нисбати њомиладорї дар бо-нувоне дида мешавад, ки умуман ба саломатии худ бе-парвоянд. Рафту зан њангоми њомиладорї бо кору тањсил зиёд банд бошад, ин маъ-нои аз њаќиќат гурехтану ба модаршавї омода набуданаш-

ро дорад.атрофиён

бояд чї кор кунанд?Баъзењо бар он аќидаанд,

ки бонувони њомиладорро мисли гавњараки чашм азизу эрка кардан лозим аст. Ди-гарон мегўянд, ки умуман ба бонувони њомила ањамият на-додан бењтар аст. Албатта бо бонуи њомила мисли кўзаи булўрин муносибат набояд кард. Њомиладорї беморї нест, балки њолати физиоло-гиест, ки имкони пеш бурдани њаёти муќаррариро медињад, вале хусусиятњои њолати за-нро дар ин давра аз мадди назар набояд дур намуд.

Њангоми њомиладорї њолати руњии зан њасос ва масунияти баданаш паст мешавад, аз ин лињоз хуб мебуд, ки зани њомиларо аз фишорњои равони-ву љисмонї њифз намоем. Ваќте зан ба њолати худ бодиќќат аст, боэњтиётона рафтор мекунад.

Атрофиён бояд эњсос намоянд, ки айни замон бонуи њомила танњо дар бораи тифли батнаш фикр мекунад. Зан кўдаки дигар дошта бошад, бояд пада-ру дигар наздикон борашро сабук созанд.

Тањияи Мењрубон

гИря њам доруСт...ашкрезї дилро табобат мекунад

њомИладорї занро таЃйИр медИњад?

барои он ки кор ба инсон эњсоси шодиву ќаноатмандї оварад, на бемориву хастагї, бояд љойи нишасти худро дуруст намуд. аслан кор дар офисро осону сабук мешуморанду мењнат кардан дар заминро зањматталаб. њашт соат дар назди монитор, дар утоќи тозаву озода нишастан њаваси њамаро меораду кўшиши дар офисњои барњаво кор карданро мекунанд. маълум мешавад, ки кори орому дар як љой нишастан аз мењнати пурмашаќати сањро њам бештар ба љисми инсон зарар

дорад...

дар оФИС кор кардан чї зарар дорад?

Page 12: ШУмораи оила 31

№31 (755) 06.07.2014 12 сарНавиШтЊои ѓамаНгез

Хорпуштак дарди

гурдаро даво мебахшад Ин љонварест рўи шикамаш

мўй дорад, вале пушташ хорнок аст. Чун хорпушт ба хавф ё ба хашм ояд, сари худро ба даруни хорњои пушташ, ки бо он печида мешавад, љо мекунад.

Мизољаш гарм ва хушк аст дар аввали дараљаи дуввум.

Хислатњои шифобахши он: гўшти хорпуштро бихўранд, рутубатњои нодаркор ва зиёда-тии баданро, инчунин захмњоро хушк мекунад, моддањои ѓализро башиддат тањлил медињад ва рехта шудани моддањои номат-лубро ба узвњои даруни шикам ва сина манъ мекунад.

Љигари хушки он ва хоки-стари сўхтаи он поккунанда, тањлилкунанда ва хушккунанда мебошад.

Гўшти намакхўрдаи онро бо сиканљабин (сиркоасал) бихўранд, дарди сарро таскин медињад; бо обе, ки дар он юнучќаи зардак љўшонида шуда бошад, бихўранд, фолиљ, љингак шудани аъзо, беморињои асаб, филпо ва агар таб намегирифта бошад, истисќо (водянка) ва дар-ди гурдаро низ шифо мебахшад; ва агар гўшти бенамаки онро бихўранд, вайрон шудани мизољ, сил, њангоми хоб ба љогањ шоши-дани кўдакон ва ѓайри кўдаконро дафъ мекунад, њатто агар дар хўрдани он мудовамат намоянд, њоли шошиданро душвор мегар-донад; аммо боњи тармизољ ва сардмизољонро ќувват мебах-шад.

Љигарашро дар офтоб хушк карда бихўранд, истисќоро шифо мебахшад.

Пўсташро сўхта, бо шароб биёшоманд, фолиљро ба ибро меоварад ва агар бо сиканљабин бихўранд, њар гуна варамњои гўшти баданро мегардонад.

Гўшташро пухта бихўранд, барои ханозер (њукгардан) ва махав дору мебошад; агар онро гузошта банданд, ѓуддањо ва гирењњои сахти дар узвњо пай-дошударо мегудозад-тањлил медињад.

Пўсташро сўхта гузошта банданд, решњои римнокро ба ибро меоварад ва агар он решњо гўшти њаром дошта бошанд, онро мехўрад; захмњоро хушк мекунад, зеро ки ин поккунанда ва хушксозанда мебошад.

Гўшти хушккардаи онро со-ида як муддат бихўранд, илла-ти махавро шифо мебахшад. Хокистари онро бимоланд, доѓи кунљидаки тунукро дафъ меку-над; инро бо заф (ќатрон) даро-мехта бимоланд, ба љоњои гир-дак-гирдак мўйрехтаи сар ва риш мўй мерўёнад ва ќутурро шифо мебахшад. Агар бо хокистари он бишўянд, решњои сарро нест ме-кунад.

Хўрдани гўшти он табњои куњна ва зањри љонваронро аз бадан дафъ мекунад.

1,75 грамм аз пўсти сўхтаи он бихўранд, таби дурўздармиёнро нест месозад.

Вале агар хорпушт ва мањсулоти онро аз њад бисёр бихўранд, мизољи меъда ва љигарро вайрон мекунад ва ранги рухсорро паст мегардонад. Да-вои ин зарарњояш гўшти онро дар об муњарро пухта хўрдан ва бо равѓан пухта, бо равѓани бодоми ширин ва сиркою коснї хўрдан аст.

Мизољи зањрааш гарм ва хушк аст, хислати пок ва хушкку-нанда дорад. Агар инро ба чашм кашанд, гули чашмро дафъ ме-кунад. Агар инро бимоланд, пањн гаштани захм ва решњоро дар бадан манъ месозад, барои ма-хав њам фоида дорад.

Зањраи онро бо муми занбўри асал даромехта, зани њомила бихўрад ё аз таг бардорад, бача-ашро аз шикам меафтонад.

Канзи шифо

Парии чашмкабуд

Ларисаю Фарњод ваќте вохўрданд, Фарњод аллакай оиладор ва соњиби се фар-занд буд. Фарњод он замон 31 сол дошт, Лариса бошад, акнун њаждањро пур карда буд. Фарњод бо њамкоронаш боми бинои истиќоматии панљошёнаеро, ки Ларисаино дар ошёнаи якумаш зиндагї мекарданд, таъмир менамуд ва нисфирўзї ташна шуда, занги дарашонро пахш кард. Духтараки зардинамўй дарро боз намуда бо чашмони мисли чашми парии обї каб-кабуди зебояш саволомез ба вай ни-гарист. Фарњод як коса оби ху-нук пурсид. Лањзае пас Лари-са об овард. Ваќти обнўшии љавон духтарак чашмашро аз вай намеканд. Пўсти сабзинаи љавон араќ карда дар шуълаи офтоб мисли хирмани зар ме-дурахшид, чашмони сиёњи ка-лон-калонаш бошанд, љозибаи хосе доштанд. Дили Ларисаро њиссиёти аљибе фаро гирифта, оташаке дар ќалбаш фурўзон гашт.

оташи ишќРўзи дигар Лариса ба кўча

баромада, беќаророна ба охир расидани кори таъмиргарон-ро интизорї мекашид. Ваќти таѓйири либос намуда ба кўча баромадан чашми Фарњод ба њамон чењраи ошно афтид. Фариштаи кабудчашм лабони мисли аќиќ сурхашро гурбавор лесида, маънидорона љониби вай менигарист.

-Ба шумо ягон кўмак лозим?-Пурсид љавонмард.

Лариса сарашро поён кар-да, бо садои базўр шунаво пи-чиррос зад: “Ман шуморо дўст медорам.

Рухсорањои духтарак аз шарм лолагун гашта, боз њам зеботар шуд. Ба назари Фарњод чунин намуд, ки ин духтар фарзанди одамизод не, балки фариштаест, ки аз осмо-ни нур ба замин фаромадаст. Љавон њанўз фурсати лаб ба сухан кушодан наёфта духтар дартоз худро ба хонаашон зад ва дарро аз дарун мањкам кард.

Дилаш аз њаяљон сахт-сахт метапид ва њанўз бовараш на-меомад, ки чи тавр љуръат кар-да ба љавоне, ки њатто номашро намедонад, изњори муњаббат намуд.

«гурбача”-и беаќлакЊамин тавр онњо риштаи

муњаббат бастанд. Њангоми мулоќотњои ошиќонаашон Фарњод борњо таъкидкунон ме-

гуфт: - « Г у р б а ч а » - и

беаќлаки ман! Ту дар њаќиќат зебої, вале зиндагиат дар пеш аст. Ман аллакай зану фарзанд дорам ва онњо бароям ази-занд. Лариса, бењуда ба ман умед набаста, сари ваќт бахтатро дар симои ягон љавони њамсолат биљўй. Ман њамчун падар дар наз-ди фарзандонам ќарздорам ва наметавонам ба хотири ту шуда аз бањри онњо гуза-рам!

Лариса бо диќќат гапи Фарњодро шунавад њам, маъ-нии суханони љавон ба гўшаш намедаромад, аниќтараш дили ошиќаш намехост ин њаќиќатро ќабул намояд, ки онњо љуфти муносиб нестанд.

«мева» и сарбуридаИшќ дар набарди номуси

ном дастболо шуд ва оќибат Лариса аз Фарњод њомиладор гашт. Волидонаш аз ишќбозии вай бо марди зану фарзанд-дор огоњ шуда, боисрор талаб карданд, ки исќоти њамл кунад. Гаштаю баргашта таъкид мена-муданд, ки њоло љавон аст, зин-дагиаш дар пешу барои тавал-луд кардан ваќт мерасад. Лари-са сухани волидонашро ба за-мин нагузошта, меваи ишќашро бо дасти худаш барваќт сар бурид. Дере нагузашта ањли хонаводаи онњо ба Русия кўч бастанд.

аз дил биравад, касе, ки аз дида бирафтАввалњо Лариса Фарњодро

тез- тез ба ёд меовард ва шабњоро бо гиря сањар мекард, вале баъд ба таќдир тан дод. Пас аз ду сол вай ба љавоне ба шавњар баромад. Шавњарашро дўст надорад њам, сенздањ сол осудањолона зиндагї на-муд. Синну солаш аллакай аз сї гузашта буд ва бисёр ме-хост соњиби фарзанд гашта, шањди модариро чашад, аммо ин орзуяш њељ амалї намешуд. Борњо ба табибон мурољиат намуда, доруву дармон ги-рифт, вале бефоида! Пас аз сиву њафтсолагї вай тамоман умедашро аз фарзанддоршавї канда, ќарор дод, ки дигар дар ин бора фикр намекунад, вале…

бозгашт ба ватанБо таќозои вазифа Лариса-

ро ба Душанбе фиристоданд. Дар тайёра якбора дилашро изтироб фаро гирифт. Давраи мактабхониаш, дугонањояш Гулнораву Аниса, Фарзонаю Солиња, Шоираву Робиа ба

ёдаш р а с и -данд. «Аљаб хислате доранд тољикон, њар таоме пазанд, ав-вал як табаќча ба хонаи њамсоя медароранду баъд сари да-стурхони худашон мениши-нанд» андеша менамуд Лариса дар тайёра ва дилаш ба ёди солњои љавониаш гум мезад. Саргарми андешањои ширин чи тавр ба Ватан расиданашро нафањмида монд.

дар љустуљўи олами кўдакї

Сумкањояшро дар мењмонхона гузошта вай ба тамошои шањр баромад. Сай-ругашт кунон дар кўчањои шинос ќадам мезаду симои зебои ишќи аввалинаш дар пеши назараш љилвагар ме-шуд. Саргарми хаёлоти ширин чи тавр ба мањаллаи давро-ни бачагиаш расиданашро нафањмида монд. Майдон-чаи бозии кўдакон, дарахтони атроф, њатто танўрхонаи холаи Мењринисо њам дар љояш буд. Кўдакон шавќун кунон машѓули бозию тамоми занњои мањалла дар таку дав буданд. «Холаљон, шумо ба тўй омадед? Биёед, ман шуморо ба он љо меба-рам. Акаи Бахтиёр арўс овард. Арўсаш бисёр хушрўй аст». Ларисаро мењмон гумон карда, шодона хабар дод духтарчаи фатиламўе, ки дар дасташ пуфакњои ранга дошт. Лариса забони тољикиро хуб медонист ва дасти духтарчаро гирифта, ба тарафи тўйхона равон шуд.

Дар назди дари даромадгоњ холаи Мењринисо мењмонњоро пазирої мекард. Лариса ху-дашро ба оѓўши ў партофт ва кўдаквор инони гиряро сард дод. Мењринисо, модари дуго-нааш Гулнора, аввал ўро наши-нохта њайрон шуд, ки чаро ин љавонзани рус мегиряд. Писари калониаш дар Русия мардикор буд, бинобар ин, дар як дам аз сари занаки бечора сад фи-кру хаёли бад гузашта, базўр

садо баровард: –Духтарам! Ин рўзи хурсандии ман аст. Ба хонаам келин овардам. Бояд њама хурсандї кунанд, вале ту гиря мекунї. Магар касе туро ранљонд?

Лариса њамоно њиќ-њиќкунон љавоб дод:

–Холаљон, њеч воќеа рўй на-додааст, ман шумоёнро бисёр ёд карда будам, барои њамин мегирям. Холаи Мењринисо бодиќќат ба ў нигариста нидо кард:

–Худоё! Лариса! Духтари Светаи мо! Очаи Шоира, ин љо биё, дугонаи духтарњоямон омадааст…

Холаи Мењринисо Лари-саро ба оѓўш гирифта гирист. Акнун мењмону мизбон баро-бар ашк мерехтанд, ашки шодї. Ба хурсандии ањли хонадон ва мањалла боз як хурсандии дигар зам шуд. Он шаб то дергоњ ба шарафи тўйи арўсии љавонону омадани Лариса хурсандї карданд. Духтари

холаи Мењринисо Гулнора дар њамсоягии Фарњод ме-зистааст ва гўё дар омади гап дар бораи фавтидани

зављаи Фарњод хабар дода, шуълаи хомўшгаштаи ишќро

дубора дар ќалби Лариса фурўзон намуд. Лариса нишо-нии мењмонхонаю раќами те-лефонашро дода, аз Гулнора хоњиш намуд, ки албатта ба Фарњод расонад.

дидори ошноРўзи дигар Фарњод ба

мењмонхона омад ва Лариса инони ихтиёр аз даст дода, мисли даврони љавониаш боз худро ба оѓўши вай пар-

тофт. Он шаб то сањар онњо даврони љавониашонро ба ёд оварда, нарди ишќ бозиданд ва субњ Лариса ба Русия парвоз кард.

Самари ишќ

Таќрибан ду моњ пас аз бозгашт Лариса дар вуљудаш дигаргунии љиддиро эњсос на-муд. Сараш чарх мезад, дилаш мешўрид, тобу тоќати бўйи равѓанро надошт. Ба духтур мурољиат намуд. Ташхис ни-шон дод, ки вай њомиладор аст. Лариса дурўѓ гуфтанро ба худ эб надида, ба гуноњаш иќрор шуд. Шавњараш бо шунидани ин хабар ќариб девона шуда, дод зад:

–Пагоњ ба назди духтур раф-та, бачаи ќатаѓанатро гирифта парто! Кўдаки њаромиат ба ман лозим нест! Девона нестам, ки ба бачаи аз камари ким–кадом буќќаи дигар шуда падарї ку-нам!

Лариса ќотеъона љавоб дод:-Ин ќатаѓан њосили њамон як

коса оби хунук ва муњаббати аввалини ман аст. Њар чї мехоњї кардан гир, барои ту шуда, нишонаи Фарњодамро нобуд намекунам! Барои ман ин тифл аз њама молу сарвати дунё азизтар аст!

Шавњараш худи њамон рўз љавоби Ларисаро дод, вале љавонзан заррае аз ин ѓамгин нашуд. Пас аз чанд моњ намо-яндагии доимии корхонаашон дар Душанбе ташкил ёфт ва Ларисаро ба Тољикистон фири-стоданд. Фарњод аз ваю фар-зандаш даст накашид. Онњо расман зану шавњар шуданд ва њоло писарчаашон дар яке аз мактабњои шањр тањсил меку-над. Фарзандони Фарњод дода-рашонро дўст медоранд ва из-зату њурмати падару модарро ба љо меоранд.

Мирзо Наврўз, ш. Душанбе, кўчаи

Испечак-2

ќатаЃаншавњараш бо шунидани ин хабар ќариб девона шуда,

дод зад:–Пагоњ ба назди

духтур рафта, бачаи ќатаѓанатро гирифта

парто! Кўдаки њаромиат ба ман лозим нест! девона нестам, ки

ба бачаи аз камари ким–кадом буќќаи

дигар шуда падарї кунам!

Page 13: ШУмораи оила 31

№31 (755) 06.07.2014 13ЌиссаЊои зиНдагї

ќумандон дандонњояшро

ѓиљиросзанон тањдид намуд:

-ту кофир магар намедонї, ки ман кистам?! њозир кї буданамро

ба ту ва ин оимчаат нишон медињам!вай бо ќундоќи автомат ба сари падарам

зад ва сарвари хонадони мо сарашро дошта, оњ гўён ба замин афтид. модарам шавњари дар хун ѓарќобашро дида, љонњавл ба миёна даромад ва Забирро дашном дода, талаб кард, ки номардї накарда ба хубї баромада равад. -магар ман ба ту нагуфта будам, ки худат ба наѓзї биё, набошад рўзатро сиёњ мекунам!

барои чї ин кора накардї? ман аз шўи кофирут чї камї дорум, фоњиша,-

бонг зад Забир...

Ман дар яке аз ноњияњои љануби кишвар ба дунё ома-даам. Волидонам одамони бообрўтарини мањаллаамон буданд. Падарам дар як кор-хонаи калон сармуњандис, модарам муаллимаи ном-дор буданд ва тамоми њаќќу њамсояњо наздашон маслињатпурсї меомаданд. Модарам зани бенињоят зебо буд ва мардони зиёде сўяш бо чашми харидорї мени-гаристанд, вале ўро парвои касе набуд, чунки падарамро баробари љонаш дўст медошт. Ба зиндагии ширинамон магар чашми бад расид, ки нооромињо сар шуда, айша-монро талх ва њаётамонро ба дўзах мубаддал гардониданд.

тањдиди Забири авбош

Дар оѓози нооромињо рўзе њамроњи модарам ба маѓоза нонхарї рафтем. Баногоњ мо-шине дар наздамон истод ва аз дарунаш ќумандони хунхор Забир, ки сар то по мусаллањ буд, баромад. Тамоми мар-дум бо шунидани номи Забир талхакаф мешуданд, зеро овозаи берањмиаш дар саро-сари Хатлонзамин пањн гашта буд. Забири хунхор бо нигоњи харидорона саропои мода-рамро синча карда, гуфт:

-Муаллима, чї хелї? Њозир њам мара назарут намегира?! Бегоњ ба хонаи ман биё, кам-тар чаќ-чаќ мекунем! Медонї-ку, ман тура наѓз мебинум!

Модарам ба рўйи Забир, ки аз овони љавонї талабго-раш буд, нигоњи нафратборе афканд ва аз ѓазаб ларзида бонг зад:

-Ман аз дидори ту барин ав-бош безорам! Бо карру фари дурўзаат ин ќадар катагї на-кун, ба ќарибї салтанати ту баринњо поён меёбад!

Гапи модарам ба Забир сахт расида бошад њам, ху-дашро ба даст гирифта, та-крор кард:

-Ман хотири ишќи бачагим ќати ту ба наѓзї гап мезанам. Дониста мон, ки агар ба ихти-ёри худут набиёї, шармандаи дўсту душман мешавї! Ягон балои азима ба сарут меби-ёрум ё шўйи њаромата меку-шуму тура зани дуюм карда мегирум!

-Номаъќул кардї, авбош,-дод зад модарам,-ман дар кўча намондаам, ки зани ду-юми ту шавам! Худоро шукр, шавњаре дорам, ки як нохуни пояш бањои садто ту барин манљалаќї аст.

Забир ба сари модарам мушт бардошта, ўро заданї шуд. Бо тамоми овоз дод зада гиря кардам. Дасти Забир дар њаво муаллаќ монд, ги-ряи ман командири хунхорро аз раъйаш магар гардонд, ки чашмакї зада гуфт:

-Оњо, духтарут ранги худут хушрўй будай-ку, маълима! Фикри ин чўљаи париям кун, ки тўъмаи як гала шаѓолои гушна нашавад!

«Шаѓолњои гушна» гуф-та, Забир яроќбадастонеро дар назар дошт, ки ба вай итоат мекарданд. Овозаи баднафсию берањмии ин «шаѓолњои дупо» дар тамоми мањаллањои гирду атроф пањн гашта буд. Онњо бо зўрии яроќ чандин духтарњои ќадрасро аз пеши чашми падару мо-даронашон бурда, номардона таљовуз намуда буданд. Бечо-ра духтаракони сиёњбахт ба доѓи абадии беномусї тоб на-оварда, худкушї мекарданд ё худашонро оташ мезаданд.

Модарам бо шунидани ин гап ларзиду аз банди дасти

ман мањкам дошта, осемасар маро сўи хонаамон кашола кард.

илтиљоЊамон рўз, бегоњ дар сари

дастурхон модарам илтиљо намуд, ки чизу чораамонро гирифта ба шањр равем, вале падарам якравї карда гуфт:

-Дар ягон майдон нани-шаста бошем, душман надо-шта бошем, кї ба мо кордор мешавад! Дар таќдирамон њар чї навишта шуда бошад, ќатори мардум њамонро ме-бинем!

-Яроќ ба дасти дуздону нохалафон афтидааст, аз Забир барин авбошон њама чизро интизор шудан мумкин аст,-вазъиятро мефањмонд модарам, вале падарам сар намефаровард.

-Мурдан њаќ аст, занакљон, агар Худованд дар насибамон аз рўзи азал аз дасти Забир мурданро навишта бошад, ба гўшаи дигари дунё равем њам, вай моро меёбад,-даст аф-шонд падарам.

Бо њамин ба суњбат дар мавзўи ба шањр фирор кардан нуќта гузоштанд, вале мода-рам њамоно дар њарос буд ва њатто аз овози шараќќоси дарвоза метарсид.

ќасоси нангини ќумандон

Аз байн ду рўз гузашт. Гу-мон кардем, ки ќумандони хунхор тањдидашро фаромўш кардааст, вале хаёламон хом баромад. Бегоњи рўзи сеюм нав падарам аз кор баргаш-та, либосњояшро иваз карда буд, ки Забир бо панљ љавони дигари яроќнок зада ба њавлї даромаданд. Падарам нотар-сона пеши роњи авбошонро гирифта бонг зад:

-Забир! Ба ту авбош кї иљозат дод, ки напурсида бо ин сагбачањоят ба хонаи ман дарої?! Тезтар гум шав, ки гўратро меканам!

Ќумандон дандонњояшро ѓиљиросзанон тањдид намуд:

-Ту кофир магар намедонї, ки ман кистам?! Њозир кї бу-данамро ба ту ва ин оимчаат нишон медињам!

Вай бо ќундоќи автомат ба сари падарам зад ва сарва-ри хонадони мо сарашро до-шта, оњ гўён ба замин афтид. Модарам шавњари дар хун ѓарќобашро дида, љонњавл ба миёна даромад ва Забирро дашном дода, талаб кард, ки номардї накарда ба хубї ба-ромада равад.

-Магар ман ба ту нагуф-та будам, ки худат ба наѓзї биё, набошад рўзатро сиёњ мекунам! Барои чї ин кора накардї? Ман аз шўи кофирут чї камї дорум, фоњиша,-бонг зад Забир.

- Ту ба нохуни пои шавњарам намеарзї! Дафъ шав аз хо-наам, номард,-паст наомада бонг зад модарам.

-Њозир ман ба ту мард ё номард буданма нишон метиюм,-Забир инро гуфта сўйи навкаронаш чашмак зад.

Якбора чор љавони њузарб ба падарам дарафтоданд ва дастонашро ба ќафо тоб дода, ўро бо занљир дар пояи сутуни пешайвон мањкам ба-станд.

-Тамошо кун, ки мардакї чихел мешава,-Забир мас-хараомез хандида аз зери манањи падарам бардошт ва ба зердастонаш амр кард, ки дастњои модарамро банданд.

Бечора модарам њарчанд зўр зад, зўраш ба он шаѓолњои дупо нарасид ва навкарони худонотарси Забир дар бай-ни чанд лањза дастонашро бо ресмон мањкам бастанд. За-бир дар банд будани «сайд»-ро дида ба модарам наздик шуд ва бо корди тези дасташ к у р т а и

танашро чок кард. Модарам дасту по зада кўшиш мекард, ки рањої ёбад ва бадани урё-нашро пинњон кунад, вале яроќдорон ба вай имкони љумбидан намедоданд. Заби-ри худозада бо як зарба мо-дарамро болои кат афканд ва рўяшро ба сўйи падарам гар-донда, абрў парронда гуфт:

-Кофир нигоњ кун, ки мардї чи хелай!

Вай чолокона болои сай-даш баромад ва ба чашмони ашкбору љонњавл почак зада-наш нигоњ накарда дар пеши чашми падарам ба номуси модарам таљовуз намуд.

Падарам аз дарду алам доду фарёд мезад, вале коре карда наметавонист. Разил корашро тамом карда аз болои модарам хеста ва ѓолибона љониби падарам ни-гариста гуфт:

-Маълима ранги духтарако таранг будай!

Падарам дигар маљоли гап задан надошт. Ќумандони ху-добехабар сўйи шариконаш ишорат намуд ва шаѓолњои гуруснааш бо навбат ба но-муси модарам расиданд.

-Њозир кинои нава тамошо мекунї, кофир,-Забир боз аз зери манањи падарам бар-дошта маљбур кард, ки са-рашро бардорад, сипас назди ман омаду чанг зада аз банди мўям дошт.

-Номарди худозада, ин кора накун, охир вай кўдак аст,-бо тамоми овоз дод зад падарам ва аз шидда-ти асабоният лабашро гази-да хуншор кард. Ќумандон аз ашку оњи падари мисли шери занљирбанд нотавонам лаззат бурда, девонавор бо тамоми овоз хандид ва маро

мисли лўхтак ба замин њаво дода, чолокона љуссаи бузур-гашро болоям партофт. Вай либоси тагамро бо зўрї ка-шида маро урён намуд, сипас даст ба шимаш бурд. Лањзае пас дар байни пойњоям дар-ди сахтеро, ки ба халидани корд ба бадан монанд буд, эњсос намуда, аз њуш рафтам. Дигар дар хонаамон чї шуд ва Забири хунхор бо падару модарам чї кард, намедонам.

њаќиќати талх Чашм кушода худро дар

беморхона дидам ва аз ба-родарам, ки дар болои сарам нишаста буд, падару мода-рамро пурсидам. Оби чашмо-нашро бо рўймолча пок карда, сарамро ба оѓўш гирифту пи-чиррос зад:

-Саѓера шудем хоњарљон, дигар ману ту падару модар надорем!

азоби алими

ятимдухтарЯк моњ пас маро аз бе-

морхона љавоб доданд, вале дигар мисли пештара духта-ри хандону шўх ва бо аќлу њуш набудам. Садамаи сах-ти рўњии њамон рўзи нањс гирифтаам аќламро коста буд. Девона шуда бошам њам, чандон аќлбохта набу-дам, ки падару модарамро дар ёд надошта бошам. Ба-родари калониам њоли зори маро дида, зан гирифт, то па-расторе ёбам. Янгаам рўзњои аввал бо ман мењрубон буд, вале баъди кўдакдор шуда-наш љомаашро чаппа пўшид. Дар сари гањвораи љиянчаи навзодам нишаста, алла ме-гуфтаму аламњои дилам рў мезаданд ва нолида-нолида гањвора мељумбондам. Ян-гаам аллањои пурѓаму аш-колудамро шунида ба ѓазаб меомад ва ба сарам пай дар пай чанд мушт кўфта, мегуфт:

-Девонаи худозада, бача-ма бо ин аллањот талхакаф мекунї!

Рўзам аз љабри янга ба шаби тор мубаддал гашта бошад њам, хотири барода-рам лаб газида ба њама ранљу љафояш тоќат мекардам, вале…

туњмати янгаРўзе баробари аз кор бар-

гаштани бародарам янгаам рўю мўяшро канда фиѓон бар-дошт:

-Хоњари девоната гум кун, ки ягон рўз бачамона меку-шад!

Акаам њайрон шуда, хоњиш кард, ки равшантар гап занад.

Њамин рўз бо чашми ху-дам дидам, ки корди тез дар дасташ дар болои сари кўдак истода дод мезад: «Бачаи Забирї, отат очаљони мана куштагї буд, њозир ман туро мекушам» туњмат намуд ян-гаам.

Бародарам ин гапро шу-нида як ќад парид ва дар ум-раш бори аввал ба рўям як шаппотї зада пурсид:

-Барои чї корд гирифтї?Гириста-гириста гуфтам,

ки янгаам дурўѓ мегўяд, ман корд нагирифтаам, аламам омаду дар сари гањвора но-лаи падару модарамро кар-дам, аммо бародарам ба гапам бовар накарда, маро чунон берањмона зад, ки аз дањону биниам хун фаввора зад. Хайрият, ки њамсоязан давида омаду маро аз зери шаттаи бародарам халос кард, вагарна дар таги мушту лагад мемурдам.

-Аз ѓазаби Худо наметарсї?! Наход одам хоњари худаш, ягона нишонаи падару модари шањидашро ин ќадар берањмона за-над?! Оњи дили ин паршика-стаи бадбахт туро мегирад,-њамсоязан бародарамро боз хеле сарзаниш карда, мани бадбахти дар хун оѓўштаро бо мошини писараш ба бе-морхона бурд.

Соњибдори бесоњиб

Ќариб як моњ дар беморхо-на хобида бошам њам, на ба-родари бемењрам ба суроѓам омаду на зани туњматиаш. Хайрият, ки дили табибон ба њоли мани соњибдори бесоњиб сўхту маро ба хонаи бепара-сторон супурданд, вагарна кї медонад, ки њолам чї ме-шуд. Худованд ягон касро аз падару модар бенасиб ва ба апаю хоњару акаю додар зор накунад!

Барно, собиќ сокини Вахшонзамин

«модарамро дар пеши назари падарам таљовуз карданд» мегўяд барно

ИшќИ хунИнИ

командИр

Page 14: ШУмораи оила 31

№31 (755) 06.07.2014 14 мадади сиНо

Инфаркт сабаби асосии аз кор монд

ани дил

мебошад, бинобар ин, пеш аз њама

дили беморро мањс намуда, ба ў

нафаси сунъї додан лозим аст.

Одатан дар даќиќањои аввалини

сактаи ќалб ин муфидтарин кўмак

ба бемор хоњад гашт. Бо чунин

усул њадди аќал 10 %-и беморонро

метавон аз марг наљот дод.

телеФонбозї бачаро бадахлоќ мекунад?

Писари наврасам ваќтњои охир хеле зиёд бо телефон суњбат мекардагї шудааст. Њанўз ду сол ќабл ў танњо дар мавридњои зарурї, барои пурсидани вазифаи хонагї ё аниќ кардани ваќту соа-ти имтињонњояшон ба њамсинфонаш занг мезад, њоло бошад, соатњои да-роз тариќи телефон лаќ-лаќ карда мешинад. Насињату таъкидњои ман, ки ваќтро бояд самараноку дуруст бояд истифода намуд, натиља надода истодаанд. Ме-тарсам, ки телефонбозиаш писарамро бадахлоќ меку-над.

Дилафрўз, модари Неъматљон

Посух:Падару модарон њамроњи фарзандашон даврањои та-

шаккулёбии инсонро аз кўдакї то камолот дубора аз сар мегузаронанд. Аз номаатон бармеояд, ки писарбачаи шумо ба воя расида истодааст, вале худи шумо ба давраи гузари-ши фарзандатон омода нестед. Ба тањлука наафтед, писар-чаатон худашро акнун одами калон мењисобад ва мехоњад «мардаквор» рафтор карданро омўзад. Суњбатњои телефо-нии фарзандатонро бо њамсолонаш сафсата номида, шумо ба чизе комёб намегардед. Зарбулмасали русии «Меваи дарахти мамнўъ ширин аст»-ро ба ёд биёред. Одамизод чу-нин сохта шудааст, ки дилаш мехоњад асрори чизњои манъ-шударо кашф намояд. Аз азал чунин аст, вагарна Бобои Одам ва Момо Њаво меваи дарахтеро, ки Худованд начаши-данашро таъкид намуда буд, хўрда, худро як умр аз бињишт мањрум намегардониданд. Замони наврасии худатонро ба ёд биёред. Магар бо рафторатон калон шуданатонро ба волидонатон нишон додан нмехостед?! Фарзандатон низ дар остонаи њаёти нав ќарор дорад ва ниёз ба муоширати бештар дорад. Наврасакон мушкилоти якдигарро бењтар эњсос менамоянд, чунки дар як мављи равонї ќарор доранд. Бовар кунед, бењтарин маслињати волидон низ љойи чунин суњбатњои дўстонаро гирифта наметавонад. Албатта андо-заро бояд нигоњ дошт. Калонсолон бояд гўш ба ќимор бо-шанд, ки фарзандашон бо кї ва сари кадом мавзўњо сўњбат мекунад ва ваќти холигиашро чї гуна мегузаронад. Барои он, ки писаратон ба ќавли худи шумо рўзи дароз бењуда «лаќ-лаќ карда нашинад» барояш ягон машѓулияти аљиб ва муфид ёбед. Бигзор бо ягон намуди спорт машѓул шавад. Ба мусиќї ё шеъру шоирї њавас дошта бошад, метавонед ўро ба кружокњои њунарї баред, то њам ваќташ шавќовар гузараду њам истеъдодаш ташаккул ёбад.

ЭмгуЗаронї КўдаКро КаСал меКунад?

Оиди эмкунї, яъне прививкањое, ки дар даврњои муайян ба кўдакон мегузаронанд, гапу гапчањои зиёде мављуданд. Шуни-дам, ки эмкунї бо-иси аутизм мегаш-тааст. Ин гап рост аст?

Майсара, со-кини н. Варзоб.

Љавоб:Мушоњидањои олимони австралиягї аз паи саломатии

1,3 миллион кўдак нишон доданд, ки ин аќидањо ботиланд. Аслан, ин воњима аз соли 1998 пайдо шуд. Он ваќт як олими англис натиљаи мушоњидањои хешро рўи чоп оварда, дар он изњор дошт, ки нишонањои бемории аутизм дар 12 кўдак эњтимол дар натиљаи эмкунї- ваксинатсияи гузаронидашу-да ба вуљуд омада бошад. Ваќте ин гуфтањоро дигар оли-мон санљида баромаданд, ин аќида тасдиќи худро наёфт. Рўзноманигор Брайан Диер тадќиќоти журналистї гузарони-да, исбот намуд, ки табиби англис натиљаи ваксинаи ихти-роъкардаи инфиродии худро рўи чоп овардааст ва он њељ рабте бо ваксинањои оммавї надорад. Волидони кўдакони ба аутизм гирифтор иќрор шудаанд, ки нишонањои бемори-ро пеш аз эмкунї дар вуљуди фарзандашон мушоњида карда буданд, на баъди ваксинатсия. Олимон дар дигар кўдакон баъди гузаронидани сўзандору нишонањои аутизмро пайдо накардаанд, пас маълум мешавад, ки ин њама сару садоњо дар бораи хатарнок будани эмкунї асос надоранд.

Моњи майи њамин сол олимон аз Донишгоњи Сиднейи ИМА натиљаи тадќиќотњои васеи худро чоп намуда, бори дигар собит сохтанд, ки эмкунї бо аутизм ягон алоќамандї надорад.

модару кўдак

Хабари ба сактаи дил-инфаркт гирифтор шудани ин ё он касро ваќтњои охир бадбахтона тез-тез мешуна-вем. Љавонмардони рустам-бозую љавонзанњои нозанини дирўзакак сип-сињат якбора ба ин балои азим гирифтор шуда, саломатиашонро аз даст медињанд ва ба фољиањои аз ин њам бадтар низ гирифтор мешаванд. Инфаркт риштаи умри чандин њазор одамонро бармањал баркандааст. Бо ин дарди шадид чї гуна метавон мубориза бурд?

Барои мубориза бурдан бо њар гуна душман пеш аз њама хислату хўяшро омўхтан лозим аст. Сактаи дил душ-ман аст, душмани љони ода-мизод, аз ин рў аввалан бояд нишонањояшро аниќ намоем.

нодонїдушмани љон

Бемории ќалб рўз то рўз бештар реша давонад њам, бадбахтона мардум то њол роњњои мубориза бо ин дар-дро намедонанд ё аслан ба ин масъала мароќ зоњир на-мекунанд. Олимони рус барои фањмидани он, ки мардум то кадом андоза тайёранд ба одами ба сактаи дил гириф-торшуда ёрии аввалин расо-нанд, пурсишеро анљом до-данд. 53 % -и пурсидашудагон натавонистанд нишонањои инфарктро номбар намоянду 67 %-и дигар дар бораи ра-сонидани ёрии аввалин ягон тасаввурот надоштанд.

чаро ба сактаи дил гирифтор мешавем?Сабаби асосии доман пањн

кардани беморї то аз по аф-тидан ба духтур мурољиат на-кардани касони ба иллатњои гуногуни дил гирифтор аст. Надонистани нишонањои асосии беморї низ боиси ваќти ќимматро аз даст додани соњибони бемор ва фарљоми њузнангези инфаркт мегардад. Бисёрињо фикр мекунанд, ки ваќти сактаи дил ќалби одам ба дард меояду зиёд тапиш мекунад, вале дар асл чунин нест.

нишонањои инфаркт

Нишонаи аввалини ин-фаркт дарди сахт дар ќафаси сина аст. Дард оњиста-оњиста ба даст, пушт ва ба шикам гу-зашта, эњсосе пайдо мешавад, ки дар гулў чизи сахте руст шуда мондааст. Дар њамин њолат бемор нитроглицеринро истифода барад, дард рафъ

мешавад. Мабо-до баъди хўрдани дору низ дард на-гузарад, беморро таъљилан ба духтур бурдан лозим аст. Мувофиќи њисоботњои оморї нис-фи беморо-не, ки аз сак-таи дил љон ба љонофарин супурдаанд, мањз бо сабаби дер ба духтурхона бурдан аз олам мегузаранд. Бадбахтона, њатто дар шањрњои обод низ беморони ба сактаи дил гирифторшуда-ро таќрибан баъди 20 соат ба бемористон мебаранд ва дар ин њолат имкони аз панљаи аљал рањонидани љони бемор ќариб, ки ба сифр баробар аст.

Ёрии аввалинТасаввур кунед, ки ягон

одами наздикатон ба сактаи дил гирифтор шуд. Шумо то расидани мошини «Ёрии таъљилї» чї кор мекунед?

Инфаркт сабаби асосии аз кор мондани дил мебошад, бинобар ин, пеш аз њама дили беморро мањс намуда, ба ў на-фаси сунъї додан лозим аст. Одатан дар даќиќањои аввали-ни сактаиќалб ин муфидтарин кўмак ба бемор хоњад гашт. Бо чунин усул њадди аќал 10 %-и беморонро метавон аз марг наљот бахшид. Дар давлатњои пешрафта курсњои махсуси ёрии авва-л и н

д а р њ о л а т и инфарктро њам кормандони хадамоти оташнишонї ва њам кормандони полис мегуза-ранд. Одамони зиёде ихтиёрї дар ин курсњо ширкат мевар-занд, то дар њолати зарурї љони касони ба сактаи дил гирифторшударо наљот дода,

савоб бигиранд.

дили «мурда»зинда мешавад?

С о л њ о и пешин аз нисф зиёд б е м о р о н и сактаи ќалб

дар бемори-стон вафот м екард анд . Аввалин ре-волютсия дар табобати сак-

таи дил солњои 60-ум, замоне ки

дифибриляторро ихтироъ на-муданд, ба вуљуд омад. Бо ёрии ин асбоб дили аз тапи-дан бозмондаро дубора фа-ъол гардонидан имконпазир аст. Дуюмин яроќ ба муќобили инфаркт тромболизис шуд. Аввалин бор онро кардиологи рус Евгений Иванович Чазов анљом дод. Ў ба бемор дору-ворие ворид намуд, ки тромби дар артерия эљод гардидаро об намуд. Бо њамин восита пеши роњи инфаркт гириф-та шуд. Табаддулоти сеюм охирњои соли 80-ум пайдо шуд. Табибон дар раги хун-гарди осебёфта стент гузош-танд ва дар натиља кори рагро дуруст ба роњ монда, чизњои зиёдатиро аз рагњо хориљ намуданд. Бо кўмаки стенд функсияњои асосии дил фа-ъол боќї мемонанду норасоии дил ба вуљуд намеояд ва бе-мор маъюб намегардад, вале барои гузаронидани ин ама-лиёт аз замони ба бемористон расидани бемор то ваќте ки артерияи ў кушода мешавад

набояд аз якуним соат беш-тар гузарад. Касоне, ки дар шањр зиндагї мекунанд, метавонанд беморашон-ро сари ваќт ба маркази беморињои дил расони-да бо кўмаки ин усул бар сактаи дил ѓолиб оянд, вале аз дењоти дурдаст ба пойтахт расонидани

беморон кори сањл нест.

фаромўш накунед!

Сањлангорї ва бењуда гу-заронидани ваќт њангоми ба сактаи дил гирифтор шудан нињоят хатарнок аст, бинобар ин, тарзњои расонидани ёрии аввалинро њангоми инфаркт омўзед. Ваќте ки мошини «Ёрии таъљилї» дер мемонад, худи наздикони бемор бояд илоље карда, ўро то нуќтаи аввалини тиббї расонанд.

Фотимаи Сайф

роњњоИ муборИза бо СактаИ дИл (ИнФаркт)

Сабаби асосии

доман пањн кардани беморї то

аз по афтидан ба духтур мурољиат накардани касони ба иллатњои гуногуни дил гирифтор аст. надонистани

нишонањои асосии беморї низ боиси ваќти ќимматро аз даст додани соњибони бемор ва

фарљоми њузнангези инфаркт мегардад. бисёрињо фикр мекунанд, ки ваќти сактаи дил ќалби одам ба дард

меояду зиёд тапиш мекунад, вале дар асл чунин нест.

Page 15: ШУмораи оила 31

№31 (755) 06.07.2014 15НаХод?!

Тањияи Нодира

КамПири 100- Сола

фоњишагї меКунадМилли Купер њамчун фоњишаи пиртарини љањон ба китоби

рекордњои Гиннес ворид шудааст. Миллии 27- сола замони саршавии Љанги дуюми љањон барои аз гуруснагї намурдан ба танфурўшї сар карда буд. Соли 1955 вай ба шавњар баро-мада бошад њам, баъди 25 сол боз ба танфурўшї сар кард. Милли мегўяд, ки бо 3,5 њазор мард њамхоба шудааст. Ба

назди ин зани 96- сола барои комљўї њам мардони 30-сола меоянду њам мўйсафедони 90-сола.

оббоЗї

дар ботлоќДар Ирландияи шимолї чемпио-

нати оббозї дар ботлоќ баргузор гар-

дид. Иштирокчиёни мусобиќа наздики

30 нафар буданд Мувофиќи ќоидањои

мусобиќа варзишгарон бо ниќоб, найчаи

нафаскашї ва белпо аз ботлоќ шино-

кунон мегузаштанд. Ташкилкунандагони

мусобиќа мегўянд, ки бо сабаби номусо-

идии боду њаво тамошобинон кам љамъ

омаданд.

ашКи фил дар оЗодїФили њинду Раљуро давоми 50 сол дар иёлоти Уттар-Пра-

деш бо занљир баста, маљбур мекарданд, ки хартумашро дароз

карда аз роњгузарон садаќа талабад. Кормандони ташкилоти

њифзи љонварон аз њоли зори фил хабар ёфта ба кўмакаш

шитофтанд. Фили бечора аз гуруснагї њатто коѓазу пластик

мехўрдааст. Рўзе, ки филро ба озодї сар доданд, аз чашмони

љонвари безабон ашк рехта, њозиринро ба риќќат овард.

Кобрањои КўдаКбон

Чанде ќабл дар сомонањои интернетї сабти видео пайдо шуд, ки беш аз 3 мил-лион нафар аз тамошояш ба дањшат омаданд. Дар ин сабти видеої тифла-ки њинду дар хоби ноз асту дар атро-фаш морњои зањрноки кобра мехазанд. Тифлак хоболудона ѓел зада бо дасто-наш морњоро мезанаду меќапад, вале љонварони безабон ба дасту почакза-нии кўдак ањамият намедињанд. Дар по-ёни ролик гуфта мешавад, ки морњо ба кўдак зарар намерасонанд, балки хо-башро муњофизат мекунанд. Бояд ќайд намуд, ки кобрањои айнакдор яке аз хазандагони хатарноктарин дар сайёра мањсуб меёбанд. Дарозии морњои кобра то ду метр мерасад ва зањри яктояш ки-фоя аст, ки 20 нафар љон ба љонофарин супоранд.

табибон 232 дандони

навраСро Канданд

Дар Њиндустон љарроњии љолибтаринро ба анљом расониданд: онњо 232 дандони маризи 17-соларо канданд. Њодисаи мазкурро ба кито-би рекордњо дохил намуданд. Ашиќ Гавайи 17-сола бо дарди муќаррарии дандон ба табибон мурољиат намуд. Духтури минтаќавї сабаби дарди дандони писаракро муайян карда на-тавонисту волидонаш ўро ба Мумбай бурданд. Табибон дар дањони Ашиќ варамеро пайхас на-муда, онро чок карданду ба њайрат афтиданд. Даруни варам пур аз дандони хурду калон буд. Баъзе дандонњо ба якдигар часпида, шумораи аниќи дандонњоро муайян кардан душвор буд. Табибон мегўянд, ки дандонњо аз 232- то кам набуданд. Љарроњї њашт соат давом карда, зимни он љарроњон чанд дандони сињатро, ки ба омос гирифтор шуда буд, канда гирифтанд. Акнун Ашиќ 28 дандон дораду маљбур аст аз

дандонњои сунъї истифода барад.

мурдае, Ки

чашмаК меЗанадСоли 1920 духтарак бо исми Розалия Лом-

бардо аз илтињоби шуш фавтида буд. Тифлак

мебоист чанд рўз пас дусола мешуд. Падараш

марги Розалияро тахаммул карда натавониста

хоњиш намуд, ки љисми тифлаки нокомашро њунут

молида, мумиё кунанд. Мумиёи кўдакро ба Итолиё

фиристоданд. Мумиёи духтаракро мардум «Зебо-

санами хобида» меноманд, чунки бо шарофати

техникаи мумиёкунонї духтарак тамоман ба мур-

да монанд нест. Ба назар чунин мерасад, ки кўдак

дар хоби ноз аст. Сад сол гузашта бошад њам

љисми Розалия напўсидааст Аљоибот дар он аст,

ки рўзе чанд бор Розалия чашмонашро мекушо-

яду мепўшад. Сабаби баъди солњои тўлонї чашм

кушодани тифли мурда дар чист, касе намедонад.

КўдаКи бе бинї

Тесса Эванс даврони кўдакї меронаду рўзгори ши-рин дорад, вале як камбудї дорад, вай аз модар бе бинї

таваллуд шудааст. Ин беморї хеле нодир буда, дар Бри-тониёи Кабир њамагї 47 њодисаи бо набудани яке аз узвњо ба дунё омадани кўдакон ба ќайд гирифта шудааст. Бо вуљуди он ки духтарак бўй кашида наметавонаду бини-

яш сурохї надорад, ќобилияти атсазанї, сурфидан ва ба бемории зуком гирифтор шуданро дорад.

марди

ќадПаСт

ронанда

намешавадДар Русия ба мардони ќоматашон паст минбаъд

барои идора намудани воситањои наќлиётии категори-

яи С, СЕ, Д, ДЕ, Тm, Tb иљозат намедињанд. Гап дар

бораи мошинњои калони боркаш-пикапњо, присепдор,

трамвай, автобус ва троллейбус меравад. Дарозии

ќади ронандаро њангоми аз комиссияи тиббї гузашта

муайян месозанд. Дар баробари ин, касе њуќуќњои

нафарони аз 150 см ќади кўтоњдоштаро поймол

карданї нест, ин тоифаи мардон бемалол бо

мошинњои шахсиашон гашта метавонанд.

СигорКаши 126- Сола

Сокини Бразилия Хосе Ачинело дос Сантос мувофиќи њуљљатњо 126 сол до-рад. Хосе 7 июли соли 1888 баъди чанд моњи барњам хўрдани сохти ѓуломдорї дар Бразилия таваллуд шудааст. У њељ гоњ зан нагирифтааст ва фарзанд надо-рад. Бо вуљуди беш аз як аср зистанаш мўйсафед то њол бе асо мегардаду тани бе дард дорад, њол он ки дар давоми 50 соли ахир дар як рўз як ќуттї сигор мекашад. Хосе дар хонаи пиронсолон бо хушчаќчаќиву њофизияш гули сари са-бад гаштааст. Хўроки њаррўзаш лубиёву

биринљи пухта аст.

Page 16: ШУмораи оила 31

№31 (755) 06.07.2014 16

Пешнињодњои худро тавассути телефони 238-53-35 ва почтаи электронии [email protected] ирсол намоед.Масъули сањифа

Cайфиддин Суннатї

оила ва ислом

дар як њадиси расули Худо (с) омадааст: «њар касе ки дар ў чор хислат бошад мунофиќ аст. Якум, шахсе ки њангоми сухан гуфтан дурўѓ мегўяд. дуюм, њар

гоњ, ки амин дониста шавад, хиёнат кунад.

Сеюм, ваќте паймоне бан-дад, ањду паймонро мешика-над. Чорум, њар гоњ бо касе душманї кунад, аз доираи њаќ берун баромада, гирифтори фисќу фуљур ва носазогўї ме-шавад.

Њамчунин он њазрат (с) фармудаанд: «Њар кас аз итоа-ти султон (подшоњ) даст кашид, ў рўзи ќиёмат ба даргоњи Худо меояд ва њељ далеле надорад. Њар кас бимирад ва дар гар-данаш байъат бо султон на-бошад, ў рўзе, ки мемирад, ба њоли љоњилият мемирад».

Дини мубини ислом да-стур медињад, ки донотарину солењтарин ва одилтарин фард роњбари мусулмонон бошад. Мардум онро интихоб кунанд ва ў тибќи адолат роњбарї на-мояд. Раиятро вољиб аст, ки бо вай њамкорї кунанд ва фармо-ни ўро итоат намоянд, то низо-ми вањдати мусулмонон љомаи амал бипўшад ва мардум бо роњбарашон якдилу якљон бо-шанд. Агар касоне бихоњанд, ки бо роњбари мусулмонон љангу љидол кунанд ва аз фар-мони сардори давлат берун бираванд, боиси тафриќа ва аз байн рафтани вањдат миёни мардум мешаванд. Чунончи, дар Сурия ва Украина ин њолат боиси нооромї ва ба њалокат расидани афроди зиёд гардид.

Њамчунин итоат накардани

роњбар боиси сар боло кар-дани дузду роњзанњо мегар-дад. Масалан, солњои навадум баъзе дузду љинояткорон аз бесуботињо истифода бурда ба љону моли њамватанонамон зарари зиёд расониданд. Шу-кри Худо, бо барќарор шудани сулњу субот доираи фаъолия-ти љинояткорон танг гардид.

Њазрати Муњаммад (с), ки хоњони пешрафту бењбудии умматони худ буданд, ба њамин хотир итоат аз роњбарро тавсия додаанд. Бубинед, ки агар дар кишвари мо тафриќаву љанги дохилї наме-буд, мо ба чї ќадар пешравињо ноил мегаштем. Агар марду-ми Сурия фирефтаи дасисаи душманони дохилию хориљї нашуда, ободкорињояшонро идома медоданд, Сурия яке аз кишварњои мутараќќии Шарќи Наздик мегашт.

Ин њадисањо аз он далолат мекунанд, ки агар мусулмонон ба дастури Расули Худо (с) амал накунанд, дучори ин гуна мушкилињо мегарданд.

Дар њадиси дигари Расу-ли Худо (с) омадааст: «Касе ки аз ман итоат намояд, аз Худо итоат намуда аст. Касе бо ман нофармонї кунад, ба Худо нофармонї кардааст. Ва касе ки бо амиру фармонра-вои мусулмонон итоат кунад, ба ман итоат намудааст. Касе ки ба амиру фармонравои му-сулмонон нофармонї намояд, ба ман нофармонї кардааст».

Агар амир (њоким, волї) хи-лофи адолат коре кард, бояд намояндањои раият инро ба ў фањмонанд ва барои ислоњаш аз Худованд мадад талаб ку-нанд. Њељ гоњ барои камбудии ночиз бо амир љанг накунанд, ки фитна бармехезад. Њазрати Муњаммад (с) дар ин бобат ме-фармоянд: «Касе ки аз амири худ чизе (рафторе)-ро наме-писандад, бояд (барои ислоњ шуданаш) сабр намояд ва ўро нофармонї накунад. Зеро касе ки як ваљаб аз фармони сул-тон берун рафту мурд, гўё бар љоњилият мурда аст».

Итоат накардани роњбар чї паёмад дорад?

Ман 34- сола ва соњиби фарзандони дустрўяк њастам. Чанде пеш огоњ шу-дам, ки шавњарам бо холаам, ки бефарзанд ва аз шавњарони собиќаш људо шуда буд, никоњ кардааст Чанд нафар ба ман гуфтанд, ки зиндагї кардани ту бо шавњарат њаром аст. Аммо шавњарам на маро талоќ медињад ва на аз хола-ам људо мешавад. Мехоњам худамро кушта аз ин шармандагї халос шавам. Илтимос ба ман маслињат дињед, ки чї кор кунам?

М., шањри Душанбе

Дур љузъи сеюми китоби «Шарњи Ќудурї» (тарљумаи форси «Аттасњилуз зарурї ли масоилил ќудурї»)-и Мавлоно Муњаммад Ошиќи Илоњї омада-аст: «Заноне, ки издивољ бо онњо њаром аст, инњоянд: 1.Заноне, ки ба хотири «насаб» издивољ бо онњо њаром аст (Бибї, модар, духтар, хоњар, амма, хола дух-тарони бародару хоњар, набера-ву аммаву холаи падару модар).

2.Заноне, ки ба хотири «ра-зоъ» (ширхорагї) издивољ бо онњо њаром аст. (Зане, ки ба ў шир додааст, модар њисоб меёбад. Аз ин рў ба апаву хоњару фарзанду аммаву холаю набераи модари ширдодааш издивољ њаром аст).

3.Заноне, ки ба хотири «мусоњира» никоњ бо онњо њаром аст (никоњ бо модари ўгай, бибии ўгай, њамсари писар, њамсари набера, модари њамсар, духта-ри њамсар аз шавњари собиќаш њаром аст).

4.Заноне, ки ба хотири «љамъ» издивољ бо онњо њаром аст. (Љамъи ду хоњар, љамъи байни зан ва хола ё аммаи ў).

5.Заноне, ки ба хотири тааллуќ гирифтани њаќќи дига-рон дар онњо издивољ бо онон њаром аст (яъне, зане, ки дар никоњи марди дигар аст, касе њаќ надорад ўро ба никоњи худ дарорад).

6.Занон (мардон)-е, ки ба хотири дар куфру ширк будана-шон издивољ бо онњо њаром аст. (Зан ё марди бутпарасту говпа-раст, оташпараст, бехудо…)

Заноне, ки издивољ бо онњо ба хотири «љамъ» њаром мебо-шад, иборатанд аз љамъ кар-дан миёни «зуйил арњом». Яъне, мард наметавонад дар як ваќт бо њамсар ва холаи ў, њамсар ва аммаи ў никоњ кунад. Инчунин мард наметавонад ду хоњарро, чї аз як падару модар чї шир-хора ва чї ўгай бошанд, дар як замона ба издивољи худ даро-варад.

Абуњурайра (р) ривоят ме-кунад, ки Расули Худо (с) аз љамъ (никоњ) кардан байни зану аммааш, ё амма бо духтари ба-родараш (љиянаш) ва аз љамъ байни зану холааш ё хола бо духтари бародараш (љиянаш) манъ кардаанд.

Хоњар (њамшира), љиян, хола ва аммаи зан мањрамњои са-бабие мебошанд, ки никоњ бо онњо муваќќатан њаром ва манъ аст. Яъне, то замоне, ки зан дар никоњи мард аст мард на-метавонад, ки бо њамшира љиян, хола ва аммаи он зан никоњ кунад.

Хоњари гиромї М! Шумо дар ин амали шавњаратон айбдор нестед Аз ин рў руњафтода на-шавед. Шавњар ва холаатон ба њаром роњ дода хилофи фар-мудаи Худованду Расули ў ва ќонуни давлат амал карда-анд. Шавњаратонро зарур аст ки фавран ба Шуъбаи фатвои Шўрои уламои љумњурї рафта воќеаро холисона баён намуда, бо муњру санад фатво бигиранд.

Шумо њељ гоњ фикри худку-широ накунед, ки гуноњи кабира буда, Худованд онро намебах-шад. Мушкилињои зиндагї ба-рои њамаи мо имтињонанд. Бояд тавассути намозу сабр иродаи мустањкам ва кўмак хостан аз Худованд мушкилињоро паси сар намоем.

Посух ба саволи хонанда

шавњарам холаашро гИрИФтааСт

Имрўз иддае аз љавононро мебинем, ки дар ќатори соати тиллову дандони тилло гар-данбанди тиллої низ доранд. Оё ба љавонписарон гардан-банди тиллої кардан равост?

Диловар, шањри Кўлоб Имом Тирмизї (р) ривоят

мекунад, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Пўшидани тил-лову абрешим бар мардони умматам ва бар занонашон њаром шудааст».

Имом Шамсиддини Зањабї (р) дар шарњи ин

њадис мефармо-янд: «Ислом дини Худост. Њама чиз дар он мувофиќи

њикмат њаром ё њалол шуда-аст. (Яъне, њар чизе, ки дар он њаром ё њалол шудааст, њикмате дорад) Тиллову абре-шим барои зинатанд ва зинат шоистаи занон аст. Барои мардон љасорат, варзишгарї, кору пешрафт дар илму њунар зебанда мебошад:

Ќимати мард на ба симу зар аст,

Ќимати мард ба илму њунар аст.

Илова бар ин аз нигоњи илмї таъсири манфии тилло ба хуни мардон собит шуда-аст. Тилло агарчи барои занон њалол шуда бошад њам, бояд ба њадду њисоб бошад. Зеро тилло бояд барои тараќќї ва пешрафти љомеа сарф шавад. На ин ки занон ѓарќи тилло шаванду дар љомеа сафи бе-корону гуруснагон зиёд гар-дад».

Яке аз сањобагони гиромиќадр њазрати Њузайфа (р) наќл мекунад, ки «Расули Худо (с) моро аз хўрдану ошо-мидан дар зарфњои тиллову нуќра, пўшидани абрешими нозук (тунук) ва аз нишастан бар фарши абрешиминї манъ намуданд».

Собит шудааст, ки њазрати Муњаммад (с) пўшидани ли-боси абрешимро ба хоти-ри муолиљаи хориши бадан иљозат додаанд. Чунончи, ба сањобагон Зубайр (р) ва Абдурањмон ибни Авф (р) ба сабаби хориши баданашон, ки ба он дучор шуда буданд, пўшидани либоси абрешими-ро иљозат доданд. Њамчунин ба миќдори чор ангушти пањн аз абрешим, ки рўи либос бидўзанд, иљозат додаанд. Расули Худо (с) ба сохтани дандони тилло ва монанди он барои зарурат рухсат до-даанд.

Дар китоби «Алкабоир» омадааст, ки куфрони немат (ношукрї кардан ба неъмат) аз љумлаи гуноњони кабира (бузург) аст. Шукри ба неъмату хубии ди-гарон ин аст, ки инсон ба ивази некї бояд ба некї љавоб дињад ва ё дар њаќќи некикунанда изњори сипосу дуои хайр намояд.

Худованди Таборак ва Та-ъоло дар сураи «Луќмон», ояти 14 фармудаем: «Ва инсонро нисбат ба падару модараш ба некї фармудаст. Модараш бо заъфи рўзафзун ўро њамл кар-дааст (њомила будааст). Ва аз шир бозгирифтанаш ду сол ме-бошад. Суфориш кардаем, ки барои Ман ва падару модарат шукргузорї ва бозгашт ба сўи Ман аст». Њазрати Муњаммад (с) фармудааст: «Шукри Худоро ба љо наёвардааст касе ки шукри мардумро ба љо наёвардааст».

Ваќте инсон аз касе эњсону хубї дид, бояд ба эњсони ў шукр гузорад. Барои ин ки Худованд ўро тавфиќ додаст, то некї ку-над. Чун инсон ба некию эњсони шахси дигар сипосгузорї нана-муд, гўё шукри Худоро њам ба љо

наовардааст.Дар замони шўравї аз боѓчаю

мактаб сар карда, ба кўдакону наврасон миннатдорї кардан ба хубии дигаронро таълим ме-доданд. Масалан, дар филмњои тасвирї ва филм барои бачагон талќин мешуд, ки ваќти аз касе роњ, соат ё суроѓаеро пурсидан, баъди љавоб гирифтан изњори сипос бояд кард. Њатто дар ваќти харидани чизе аз маѓоза ташак-кур гуфтанро талќин мекарданд.

Агар ин одоб имрўз тарѓиб шавад, бисёр нофањмию ихти-лофат аз байн меравад. Зеро аз сабаби муомилаи нодуруст ва даѓалу носипосї миёни ронан-даю мусофирон, фурўшандаю харидор ва корфармою корга-рон љангу љидол бармехезад. Аз ин рў њангоми аз хизмату не-кии касе бањравар шудан бояд сипосгузорї карда бо некию дуои хайр љавоб дињем. Асадии Тўсї фармудааст:

Зи љўе, ки хўрдї аз ў оби пок

Нашояд фикандан дар ў сангу хок.

Шарњи як савол

гарданбандИ тИллої ба пИСарон љоИз аСт?

каСе ба некИИ дИгарон шукр накунад, кўрнамак аСт

Page 17: ШУмораи оила 31

№31 (755) 06.07.2014 17Фароѓат

Page 18: ШУмораи оила 31

№31 (755) 06.07.2014 18 шанС

Аз моњи январи соли 2000-ум нашр мешавад. Дар Вазорати Фарњанги ЉТ тањти №507 ба ќайд гирифта шудааст. Њафтанома ба хотири риояи гуногунандешї маводеро низ ба табъ мерасонад, ки хилофи назараш аст. Ба мазмун ва санаду раќамњои маводи чопшуда муал-лифон љавобгаранд. Сурату мусаввадањо ба муаллифонашон баргардонида намешаванд.

Дар матбааи «МЕГА-ПРИНТ» чоп шудааст. Сањифабанд: Гулнисои ЊИкМАТУллО Мусањњењ: Нодира РАљАБОВА Теъдод 15000

Суроѓаи мо:734018, шањри Душанбе, хиё-

бони Саъдии Шерозї, 16.Тел: 238-53-35, Дафтари хабаргузорї дар

вилояти Суѓд: ш.Хуљанд кўчаи Камоли Хуљандї 114, хонаи 15. Тел:6-75-23 , 92-730-06-50

E-mail: [email protected]

њафтаномаи оммавї-маърифатї

Сармуњаррир:

Фирўза Сатторї

Инњо бахт мељўянд:

диќќат! диќќат! диќќат!

мањФИлИ шИноСоИИ "лайлию маљнун"

Хонандагони азизи «Оила» ва маљаллаи «Оила ва ми-грант»

Агар дар ёфтани љуфти муносиб дар Ватан ва хориљи киш-вар душворї мекашед.

Агар љиддї оиладор шуданиеду аз ќадами аввалро ба сўйи бахт гузоштан метарсед.Агар аз танњої азият мекашед.

Мушкили шуморо мањфили «Лайлї ва Маљнун» осон хоњад кард!Шумо метавонед бо шиноснома ва як дона аксатон ба идораи «Оила» омада, бахтатон-

ро аз мањфили шиносоии мо дарёбед. Касоне, ки дар муњољиратанду аз сабаби дурии роњ омада наметавонанд, тариќи ММС

акси худро ба раќами 935 606 505 фиристода, тариќи СМС ба раќами 7777 дархост барои дарёфти бахт равон намоянд.

Мањфили шиносоии «лайлию Маљнун» ба шумо дар ёфтани њамсафари шоистаи њаёт чї дар Ватан ва чї дар хориљи кишвар ёрї мерасонад. Бахтатонро аз даст надињед!

намунаи СмС:Оила «Лайлию Маљнун» Салимов Фаридун, 35-сола, дар муњољират кор ва зиндагонї

мекунам (ё дар Ватан).Мехоњам тавассути мањфили «Лайлї ва Маљнун» бахти худро дарё-бам. Бо зан ва ё духтари то 30-солаи боимон оила барпо карданї њастам.

• 110. Духтари зебои истаравшанї, њамшираи шавќат ва дузандаи моњир аст. Дар пухтупаз њамто на-дорад. Бо љавони то 35-со-лаи боимон оиладор шудан мехоњад.

• М.57.Љавони 28 сола омўзгор мехоњад, ки бо дух-тари то 25 сола оила бунёд кунад.

Тел:918-18-83-94, 234-76-59• Д.108. Духтари 28-сола.

Маълумоташ олї. Омўзгор ва тарроњ низ мебошад. Мехоњад ба нияти оиладор шудан бо љавонмарди то 35-солаи маъ-лумоти олидор оила бунёд ку-над. Муњим забони ботиниаш аст.

• З.109. Зани зебои 28-сола. Аз Истаравшан аст. Њамшираи шавќат шуда кор мекунад. Аз оилааш људо шу-дааст. Бо љавонмарди то 36-сола оиладор шудан мехоњад.

• М.104. Марди 56-сола. Сокини ноњияи Варзоб. Бо љои кор ва манзил таъмин аст. Бо зани бо имони то 50-сола оиладор шудан мехоњад.

• 105. Марди 70-сола. Худ олим аст. Бе њамсараш зиндагонї барояш душвор гардидааст. Мехоњад бо зани бо имоне оила бунёд карда давраи пирї ронад.

• 106. Марди 42-сола. Со-кини ноњияи Хуросон. Аз ои-лааш људо шудагї. Нияти бо зани бо имони то 40-сола ои-ладор шудан мехоњад.

• 107. Љавони 28-солаи эронї. Соњибкор мебошад. Бо духтари то 24-солаи зебои тољик бо маќсади оила бунёд кардан шинос шудан мехоњад.

• М. 100. Љавони 17-сола. Мехоњад, ки барои худ дух-тареро пайдо кунад, ки дар-ди дили ўро фањмида таво-над. Ишќи аввалааш ўро сахт руњафтода намудааст.

• М.102. Марди 45-сола. Бо бахти аввал созиш на-кардааст. Ба духтар ва зани то 40-сола оиладор шудан мехоњад .

• М.103. Љавонмарди 42-сола. Соњиби маълумоти олї

мебошад. Бо духтари то 30-сола оиладор шудан мехоњад. Тел.934 81.96 79

• Д.106. Духтари зебои кулобї. Мехоњад, ки бо марди то 52-сола оила бунёд кунад.

• М.98. Марди 58-солаи њисорї. Соњиби манзил ва љойи кор аст. Њамсараш ва-фот кардааст. Мехоњад бо зани боимони то 50-сола оила бунёд кунад.

• З.102. Зани 42-сола, бахти аввал ба рўяш наханди-дааст. Муаллимаи забонњои хориљї мебошад. Бо марди боимони зиндагидўстор оила-дор шудан мехоњад.

• З.103. Нав ба бист ќадам гузоштаасту шикасти зиндагї насибаш гаштааст. Аз шавњраш људо шуда, тариќи мањфили «Шанс» бахти худро пайдо кардан мехоњад.

• Д.104. Духтари 38-сола. Зодаи шањри Кўлоб. Муал-лима мебошад. Бахти худро пайдо кардан мехоњад.

• М. 92. Љавони 23-солаи ќурѓонтеппагї. Соњиби ман-зил ва љойи кор мебошад. Бо духтари зебои боимон оила-дор шудан мехоњад.

• М.93. Љавонмарди 29-сола. Бахти аввал ба рўяш нахандидааст. Бо духтар ва зани то 27-сола оиладор шу-дан мехоњад.

• М. 88. Марди 61-сола. Сокини ноњияи Хуросон. Ои-лааш вафот кардааст. Бо зани то 48-сола оила бунёд кардан мехоњад. Манзили ободе дорад.

• М. 89. Марди 63-сола. Олим мебошад. Баъди ва-фоти њамсараш бо зани боимоне оиладор шудан мехоњад. Мард соњиби ман-зил ва њаматарафа аз љињати иќтисодї таъмин мебошад.

• З.98. Зани 28-солаи соки-ни шањри Душанбе. Аз сабаби бефарзандї аз оилааш људо шудааст. Бо марди боимони то 40-сола оиладор шудан мехоњад.

• Д.100. Духтари 27-сола. Маълумоти олии тиббї дорад. Мехоњад, ки бо љавони бои-мони маълумоти олидор оила бунёд кунад.

• М.82. Марди 62-сола, сокини ноњияи Њамадонї. Мехоњад, ки баъди вафоти њамсараш бо зани то 50-со-лаи танњои боимон оила бу-нёд кунад.

• М.83. Љавонмарди 38-сола. Сокини шањри Ќурѓонтеппа. Сохтмончї шуда кор мекунад. Аз њамсараш људо шудааст. Бо зан ва ё духтари то 32-сола оила бу-нёд кардан мехоњад.

• М. 84. Љавонмарди зебои 31-сола. Соњиби манзил ва љои кор мебошад. Бо духтар ва зани то 28-сола оила бу-нёд кардан мехоњад.

• М. 86. Љавонмарди 35со-лаи њисорї. Бахти аввал ба рўяш нахандидааст. Дар Рос-сия кор ва зиндагонї мекунад. Мехоњад, ки бо духтар ва ё зани то 25-сола оила бунёд карда ба Россия раванд.Дар Россия хона ва љои кор дорад.

• З. 93. Зани 36-сола. Со-кини ноњияи Рўдакї. Аз њамсараш људо шудааст. Мехоњад, к ибо марди боимо-ни соњиби љои ко рва манзил оила бунёд кунад.

• З. 95. Зани зебои озарї. 42-сола. Танњои ба дилаш за-даст. Сокини шањри Душанбе аст. Маълумоти олї дорад ва дар як корхонаи бонуфуз кор мекунад.Мехоњад, ки бо марди то 52-солаи маълумо-ти олидор, ки забони русиро хуб медонад оила бунёд ку-над. Миллати мард ањамият надорад.

• З.96. Зани зебои 20-сола. Бахти аввал ба рўяш нахандидааст. Соњиби як духтарчаи дустрўяк мебошад. Бо љавонмарди то 30-солаи соњиби љои кор ва манзил мехоњад, ки оила бунёд кунад.

• Д.91. Духтари 23-сола . Зодаи ноњияи Рўдакї. Мехоњад, ки бо љавони то 32-солаи соњиби манзил ва љои кор оила бунёд кунад.

Зани зебое вориди идора гардид. гумон кардем, ки ягон маводи љолиб овардааст, зеро чењраи зебояш њељ ба занњои аз зиндагї љафодида монанд набуд. ба гўшаи хаёламон њам намеомад, ки чунин нозанинро шавњараш партофта рафтааст, вале мењмонамон оби дида гуфт, ки вай як зани аз бахт наосуда аст.

Замони донишљўї ба љавоне ошиќ мешаваду падараш “хо-тири духтари ягонаам озурда нгардад” гўён, фотињаи сафед медињад. Падараш ѓами ўро хур-да калиди хонаи ду њуљрагиро ба домоди дењотї таќдим мена-мояд, то љавонон дар ба дари иљорахонањо гашта, овора на-шаванд. Ба хотири духтараш вай барои домод кори сердаро-мад њам меёбад, вале љавон но-шукр будааст. Пас аз чор соли зиндагї вай бемор шуда ба бе-мористон меафтад. “Шавњарам њар рўз маро хабаргирї меомад. Боре духтарчаамро њамроњаш овард. Маро дида кўдакам бо алам гиря кард. Ќанду ќандалот додам, мењрубонї кардам, вале духтарчаам ором намешуд. Сабаби гиристанашро пурси-дам. Падараш пешхезї карда гуфт, ки маро ёд кардааст, ба-рои њамин мегиряд. Њамин дам духтур шавњарамро ба утоќи дигар даъват намуд. Баробари аз палата баромадани падараш духтарчаам худашро ба оѓўши ман партофта, боз инони гиря-ро сар доду гиряолуд пичиррос зад: “Очаљон, шаб дадам бо хо-лаи Зебї хоб кард. Зебї дар њамсоягии мо зиндагї мекард ва ба бадахлоќї ном бароварда буд. Бењаё, шарм надошта ба духтарчаам гуфтааст, ки бо да-даат хоб кардани маро ба очаат нагўй, ман ба ту лухтак меха-рам. Духтарамро ором карда, таъкид намудам, ки агар имшаб њам холаи Зебї ба хонаамон биёяд, аз дадааш пинњонї ба

ман занг занад. Ѓарќи андеша будам, ки шавњарам баргашта, хабари се рўз пас љавоб шу-данамро расонд. Зўран табас-сум кардам, то пай набарад,ки духтарам ба ман чизе гуфтааст. Онњоро гусел карда, худамро болои бистар партофтаму зор-зор гиристам. Хориам меомад, ки дар чанд рўзаки дар бемор-хона будани ман шавњарам до-мони як фоњишаро гирифтааст. Духтурзан сабаби гиряамро пурсид. Њодисаро наќл кардам. Вай маро ором карда гуфт, ки бењуда гиря накунам, њар чи бо-шад, имшаб маълум мешавад ва ба ман доруи таскинбахш гузарониду баромада рафт. Аз таъсири дору хобам бурдааст. Нимашаб садои занги телефон бедорам кард. Духтарчаам бо овози паст хабар дод, ки хо-лаи Зебї ба хона омадаасту падараш ўро зўран хобонда-нист. Ба духтарчаам гуфтам, ки дарро ќулф накарда хобад ва дарњол ба як дугонаам, ки мошини шахсї дошт, занг зада, мољароро наќл кардам. Ба зудї расида омаду маро ба хо-наам бурд. Зебиро дар оѓўши шавњарам доштам. Ду фосиќ лучи модарзод буданду маро дида, худашонро гум карданд. Зебї либосњояшро гирифта тани луч аз хона баромада гу-рехт. Дар роњрав марди њамсоя ўро дида гуфт: “Мурданат бењ! Садќаи нону намаки њамин за-нак шавї, фоњиша!” њодисаи оншабаро бо алам наќл кард љавонзан.

Забони ѓару дузд дароз гуфтагї барин, њамон шаб шавњараш ба љойи узр пурсидан, ќањр карда, костюмашро гириф-та баромада мераваду рўзи ди-гар ба суд барои људошавї ари-за медињад. Бо њамин вай танњо мемонад. Чанд муддат мо, кор-мандони газета барои ў шахси муносибе пайдо карда натаво-нистем, вале билохира бахташ хандид. Раќами телефонашро ба марди 45-солае, ки аз за-наш хиёнат дида буд, додем. Онњо бо як нигоњ њамдигарро писандида, хонадор шуданду аз сањифаи бахтљўён боз ду раќам: М. 85 ва З. 43 гум шуд.

Бахт ёру Худо мададгора-шон бошад!

занИ зебо бахташро аз «оИла» ёФт

Page 19: ШУмораи оила 31

№31 (755) 06.07.2014 19зиНдагї

( Аввалаш дар сањ.5)-Очаљон, охир нон њамааш

нон аст, хоњ сиёњ бошад, хоњ сафед. Рањматии мо-дарам маро насињат карда мегуфтанд, ки нонро хор на-кун, намакаш зада кўр меку-над,- бори аввал ба сухани модаршўяш эътироз намуд Мастонаи келинчак.

Фиѓони зани раис аз ин мањмадоногии келин ба фа-лак печид:

-Илоњо пеши очаљонат равї, ту мањмадонои гўрсўхта! Нони хонаи раис мастат кард, ки забон баровардї?! Ту бо чї каттагї мекунї? Падарат ягон гарнитури се њазор доллара овард ё яхдони дуќабатаю телевизори рангаю мошинаи љомашўии худшўй?! Гадо ба-рин луб-лучак ба хонаам ома-дию боз ба ман гап нишон медињї?! Њозир ба писарам мегўям, талоќатро дода аз дар берун мекунад! Садќаи њамин хел хонаю дар шавї гадодухтари љавхўр…

Хушдомани офат ба арўсак имкони лаб кушодан надода, бидиросзанон таъ-наю маломат менамуд ва та-моми дуоњои бади дар дунё вуљуддоштаро ба сари келини бегуноњаш мерехт. Ба ин њам ќонеъ нашуда вай ба писа-раш занг зад ва талаб кард, ки зуд расида биёяд.

талоќ барои нони љавин

Шавњари Мастона-Шањром ним соат нагузашта расида омад. Баробари аз мошин фаромадани вай мо-дараш гирякунон ба бадгўї кардан даромад:

-Гуфта будам, ки саѓерадухтар одамгариро на-медонад, вале ту ба гапам гўш накарда, њамин мараза гирифтї. Имрўз зани таъри-фиат чењраи аслиашро нишон дода, барои чор кулчаи сиёњи моиндараш бо ман даст ба гиребон шуд. Маро модар бигўї, худи њозир талоќашро медињї! Њамин корро накунї, шири поки додаамро дар ду дунё ба ту намебахшам! За-натро се талоќ накунї, оќи ин дунёву охиратат мекунам!

Шањром медонист, ки Ма-стона гуноњ надорад, зеро муътаќид буд, ки арўсаш аз он духтарњое нест, ки ба сари дигарон садо баланд меку-нанд, вале назди ин њукми ќисматсўзи модар ночор мон-да, пичирос зад:

-Се талоќат кардам! Метавонї ба хонаи падарат равї!

Фиѓони Мастонаи бегуноњ ба фалак печид. Шањроми бо айби модар хонавайрон-гашта тоби дидани ин ман-зараро накарда, оњиста аз китфи арўси бадбахташ до-шта «Маро бубахш Мастона, ки њаётатро сўхтам!»-гуфт ва дигар ба пасаш нанигариста сари чанбараки мошин ни-шаст. Мошини домод дар як дам чангу хоки кўчаро ба њаво бардошта аз назар ѓоиб шуду арўси сиёњбахт гирёну нолон аз дарвозаи хонаи бодабда-баи раис баромада, кошонаи бахташро абадан тарк намуд.

Гулбибї, сокини н. Темурмалик

хушдоманИ оФат

ё рўзи сиёњи келини раис

(Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта.)

Сайфулло раиси номдор бо-шад њам, гапаш ба занаш на-мегузашт, иќрори писарашро шунида дар шигифт монд, ки акнун сарашро аз ин ду гирдоб-мољарои њомиладории духтари њамсояву ањду паймони зани якраваш бо хоњараш чї гуна ха-лос мекарда бошад, зеро хуб медонист, ки Дилбар аз Комил як не, дањ бачаи дигар зояд њам, њељ гоњ њамсараш ба гардонда-ни фотињаи љиянаш ва келин кардани вай розї намешавад.

-Комил, бењтараш ту аз пайи кору бори худат шав, аллакай ваќти хўроки нисфирўзї шуд, ману њамсоя дар ягон гўшаяки ором нишаста, сари як пиёла чой ин масъаларо њал мекунем,-Сайфулло инро гуфта аз љояш бархост ва гўшаки телефони дохилиро бардошта, ба котиба супориш дод, ки ронандаашро ёбад. Амина эњсос кард, ки ти-раш ба нишон расида истода-аст, худро бардурўѓ мотамзада гирифта, бо ќошу ќавоќи овезон аз паси раис аз дар баромад

очаша бину духтараша гир

Ронандаи Сайфулло онњоро ба тарабхонаи зебою барњавои «Фарањноз» овард ва Сайфул-ло бо виќор аз мошин фаро-мада, мисли љентелменњои њаќиќї дари Аминаро кушод. Онњо пасопеш ба тарабхона даромаданд. Пешхизматњои ин даргоњ раиси номдорро меши-нохтанд ва баробари дидани мошини Сайфулло даст пеши бар ба истиќболаш барома-данд. Раис фармуд, ки барои вай ва мењмонаш дар ягон ка-бинаи салќинак љой тайёр ку-нанд. Пешхизмати мурчамиёне онњоро ба як утоќи бисёр зебо дароварда, зуд аз пайи оро до-дани болои миз шуд. Лањзае пас дар рўйи дастурхон њама нозу неъмати дунё муњайё гашт. Раис пешхизматро љавоб дода, шишаи коняки гаронбањоро ба даст гирифт ва ба ду ќадањ рехта, яктоашро ба њамсоязан дароз кард. Амина нею нестон накарда, шаробро аз дасти раис гирифт ва дар як дам ќадањро холї кард. Даврањои љавониро ба ёд оварда, њарду аз ину он чаќ-чаќкунон шишаи конякро холї карданд. Сайфулло эњсос намуд, ки њамсоязан худаш њам чандон уболак нест ва як ишорат кофист, ки ба оѓўшат дарояд, мисли њама мардони шикорчї вай њам сайди муфт ба домаш афтидаро аз даст додан нахоста, дар бехи гўши Ами-на бо садои гарми моломоли

шавќу эњсосоту њавас пичиррос зад: «Бењуда «очаша бину дух-тараша гир» нагуфтаанд, шумо худатон аз њар нозанини тан-ноз дилкаштар њастед, албатта, духтари чунин модар дили писа-ри раисро мебарад-дия…

Сайфулло ќариб ним со-ати дигар ошиќона васфи њусну љамоли Аминаро намуда, њамсоязанро ба осмони њафтум баровард. Аминаро аз њуру парї зеботар номида, раиси ши-ракайф шоирона дар васфаш чанд шеър гуфт. Ба заршиносии писараш офарин хонда, билохи-ра Сайфулло аз љайбаш як да-ста пул баровард ва долларњои шараќќосиро пеши њамсоязан партофта, зорї намуд, ки шико-ят накунад, зеро ўро аз вазифа мегиранду саг барин бе обрў ва хандахариши мардум мешавад.

-Шиками дамидаистодаи дух-тарамро чї кунам,-аз љилои пул чашмонаш барќ зада бошанд њам, Амина ба осонї таслим шудан намехост.

-Бисёр не, як-ду вараќашро пеши ягон духтур партоед, боварї дорам, ки мушкили духтаратонро дар як дам њал мекунад,-сўйи бандчаи пул ишо-ра намуд раис.

-Аллакай 5 моња шуда-аст, дигар исќоти њамл карда намешавад,-даст афшонд Ами-на.-Духтарам љуз таваллуд кар-дан дигар илољ надорад.

-Фотињаи духтари холаашро гардонем, занам бо хоњараш якумра душман мешаванд,-оњи сард кашид Сайфулло,-ягон илољи дигар ёфтан лозим.

-Ин тавр бошад, суњбати мову шумо фоида надорад,-Амина бо ѓазаб аз љояш бархоста, майли рафтан кард.

-Истед! Илтиљо мекунам, сабр кунед! Милисабозї њам обрўи шуморо мерезонаду њам маро шарманда мекунад. Дар дунё ба ѓайр аз марг, дигар ягон масъалаи њал намешудагї нест, фаќат роњашро ёфтан лозим,-пеши роњи њамсоязанро гирифт Сайфулло.

Амина дубора дар љояш ни-шаст ва лањзае чанд сукут на-муду сипас гуфт:

-Майлаш, хотири шумо ману духтарам ба ин ќурбонї розї мешавем, вале ба як шарт!

-Ман тайёрам тамоми шартњои шуморо ќабул намоям!

-Барои духтарам аз маркази шањр хона харида дињед. Биг-зор писаратон Комил духтари маро бо никоњи мусулмонї зани дуюм карда бигирад. Натарсед, ин сир байни худамон мемонад. Пинњонї зиндагї мекунанд.

Раис аз барор гирифтани кораш хурсанд шуда, дасти њамсоязанро бо эњтиром бўсида гуфт:

-Як хонаи хуби дуњуљрагї до-рам. Мебел, ќолин, дивану теле-визор, хуллас, њама чизи барои зиндагї заруриро дорад. Занам дар бораи он хона чизе наме-донад, агар розї шавед, худи пагоњ њамон манзилро ба номи духтаратон мегузаронам.

Амина бо аломати ризо сар љумбонд ва њарду аз љояшон бархостанд. Сайфулло чунон шод буд, ки ба пешхизмат 100 суми пули иловагї дода гуфт:

-Бо ин пул барои бачањоят шоколад бихару дар њаќќи мо дуо кун!

дар оѓўши њамсояСайфулло ронандаашро

љавоб дода, худаш дарро кушо-да њамсоязанро ба мошин ши-нонд ва сари чамбарак нишаст. Лањзае пас саманди оњанини раис дар кўчаи мумфарш дар-тоз гашт. Рањорањ Сайфулло аз Амина чашм намеканд. Њусну љамоли ќудои пинњониаш раис-ро обу адо карда буд. Ваќте ки мошин ба шоњроњ баромад, ро-нанда чашмашро аз акси дар ои-наи мошин њувайдои њамсоязан наканда пурсид:

-Аминахон, мехоњед хонаи духтаратонро бубинед?

-Албатта мехоњам,-бо нозу ишва љавоб дод њамсоязан.

Мошин баъди чанд гардиш ба кўчае даромада назди би-нои баландошёна ќарор гирифт. Онњо пасопеш аз мошин фаро-маданд. Раис њамсоязанро ба ошёнаи чорум бароварда ќулфи дареро кушода гуфт:

-Марњабо! Ин хона аз њамин рўз эътиборан моли духтари шумост!

Амина љињози зебою ороиши аљибу назаррабои хонаро тамо-шокунон як њуљрањоро давр зада ба хонаи хоб даромад. Ин хона бо љевони баланду рахти зебои хоб оро дода шуда буд. Дар болои рахти хоб болопўши сап-сафедеро андохта буданд ва гулњои садбаргаш чашми касро мерабуданд.

-Эњ, љавонњои њозира аљаб хушбахтанд! Дар замонњои љавонии мо ин хел кату рахти зебои хобро дар хоби шабат њам намедидї!-Оњи бадард кашид Амина.-Аљиб, ишќварзї кардан дар болои чунин тахти шоњї чї кайфият дошта бошад-а?!

Сайфулло аз ин гапи зан ба таври худ маънї бардошта ба Амина наздик шуд ва аз пушт миёни ўро ба оѓўш гирифта дар бехи гўшаш пичиррос зад:

-Кайфияташро худи њозир санљидан мумкин аст.

Амина, ки чандин сол боз оѓўши гарми мардро надида буд, баробари ба баданаш расида-ни дасти гарми Сайфуло обу адо шуда, чашмонашро аз шид-дати кайфияти ширин лањзае нимпўш кард. Њамин як лањза кофї буд, ки раиси дар занбозї усто ўро рўйи даст бардошта болои рахти хоб афканад. Ами-на баъди ба бистар афтидан, гўё ба худ омада, муќобилият намуд, вале муќобилияташ аз норозигї дида ба ишваю нози шавќзо бештар монанд буд ва Сайфуллои рамузфањм ташнаи навозиш будани ин занро эњсос намуда, мисли гурги гурусна чолокона худро болои сайдаш афканд. Лабњои бўсахоњи раис

ба лабњои гарми зан часпида, тамоми шањду шираи ин кони роњатро љаббида гирифтан ме-хостанд. Аминаи ташнаи на-возиши мард чунон сармасти бўсаи ширин гашт, ки натанњо зани шаттоњи раису духтари аз писари ин мард њомиладораш, балки оламу одам ва нангу но-мусу тарси худовандро низ дар як дам фаромўш карда, дасто-нашро ба гардани њамсоя њалќа кард ва тамоми вуљудашро дар ихтиёри Сайфулло гузошт. Раис дар бевабозї устухон надошт ва чунон моњирона мебўсид, ки њамсоязан аз шиддати шавќи шањвонї ба нолиш даромад. Нолишњои ширини шањватбори зан Сайфуллоро торафт беш-тар ба шавќ меоварданду са-ропои Аминаро бо бўса мешуст. Бўсањои обдори раиси дар занбозї таљрибадор гулхани шањватро дар вуљуди њамсоязан чунон аланга занонданд, ки дигар тоб наоварда, худаш тугмањои куртаи мардро кушоду лабони тасфонаш гардани Сай-фуллоро бўсаборон карданд. Раис ба ќуллаи эњсосот расида-ни Аминаро дарк намуда, чоло-кона либосњояшро бадар кард. Ду анори таранги њамсоязан мисли ду себи ширин дилкаш менамуданд. Раис ин себњоро аз банд рањо намуда, бўсаборон кард, њамзамон дасташ рўйи ронњои булўрини зан мехази-данд. Нињоят ду пайкари гарм як љисм шуданд. Њамсояњои ба ќаъри дарёи пурталотуми шањват афтида, дигар ола-му одамро фаромўш карданд. Раис чандин маротиба коми дил њосил карда бошад њам, мисли гурги гурусна њељ аз ин сайди дилкаш серї надошт. Амина дар ишќварзї аз њамбистараш монданї надошт ва раисро чу-нон моњирона навозиш мекард, ки љони мард роњат менамуд. Бо хонумњои зиёде њамболин гашта бошад њам, чунин зани дилкашро раис дар умраш бори аввал медид. Амина љавон на-бошад њам, дар бистар аз дух-таракони 20-25 сола монданї надошт ва Сайфулло тайёр буд, ки барои ин оѓўши гарм тамоми давлату савлаташро пеши пойи ин зан партояд ва лозим бошад, аз бањри хонаю дараш њам биг-зарад.

Нињоят онњо аз ишќварзї ха-ста шуда, сару танашонро шу-станд ва дари хонаро мањкам карда бо азми бозгашт ба поён фаромаданд.

«агент»-и зани раисСайфулло пеш-пешу Амина

каме аз вай ќафотар аз бино баромада, сўйи ќароргоњи мошинњо, ки мошини раис он љо буд, равон шуданд. Раис аз дур суроби занеро дар назди моши-наш дида, њайрон шуд. «Аљиб, он занак кист ва дар назди мо-шини ман чї мељўяд?!» гўён, зењн монда нигарист. Хоњари занаш-Хосиятро шинохта Сай-фулло якбора дар љояш шах шуд. Язнаашро дидан баробар Хосият писхандомез садо ба-ланд кард:

-Дар ин љойњо чї гум кардед, поччо?!

(Давом дорад)Р.Холов

макрИзанИ њамСоя

Page 20: ШУмораи оила 31

№31 (755) 06.07.2014 21чуНиН Њам меШавад

-Духтари шумо бисёр ќиммат

будааст,-мегўяд ќудозан.

-Зўри мо ба гов намерасад,

барои њамин омадам, ки фотињаро гардонам.

Чанде пеш ба хонаи духтартаѓоям барои хабарги-рии ўву духтарчааш рафтам. Бо Сољида хеле суњбат кар-дем. Дар омади гап дар бо-раи њамсинфонам пурсидам. Сољида афсўсхурон гуфт:

- Медонї бо Манижа чї гап шуд?

- Кадом Манижа?-Манижаи хушрўяк.

Њамсинфамон буд-ку! Хавотир шуда пурсидам:

- Не, чї гап шуд? Ў сињат са-ломат аст?

- Сињату саломат, лекин…,- Сољида давоми гапашро гўё фурў бурда бошад, забон хоида монд.

Ташвишам зиёдтар шуда пурсидам ман:

-Ошкортар гап зан! Сољида оњи сарде каши-

да ба наќли њодисаи рухдода пардохт. Маълум шуд, ки ду-се њафта пеш ба Манижа аз њамсояќишлоќ хостгор омада-аст. Манижаро зеботарин дух-тари дења гўям хато намешавад, чунки дар њусну љамол њамто на-дорад. Абрўвони ѓафси чун шом сиёњу мўйи аз хами зону поён

ф а -р о -м а -

д а -аш дили

љиддитарин љавонро њам моили худ мегар-донад. Чандин бачањои ном-дор Манижаро талабгор шуда буданд, вале волидони духтар њамаашонро ноумед гардон-данд. Намедонам, чї шуду чї монд, ки модараш ба он зани ношиноси аз њамсояќишлоќ хостгорї омада розигї дода, Манижаро рўймолдарон кар-дааст. Шояд холаи Майса-ра ба он хотир розигї дода бошад, ки духтараш дар њамсояќишлоќ зиндагї карда, тез- тез ба ди-дорбиниаш биёяд.

Хулоса, Манижа-ро ба писари он зан дода, модари Манижа ба модари домодша-ванда мегўяд, ки агар имкон дошта бошанд, як гову 20 кг биринљ ва 10 литр равѓан биёранд. Тўйро баъди ид мондаанд.

Модари домодшаванда хуб гуфта, мераваду холаи Май-сараю њамсараш ба умеди он ки шаб ќудозан бо шавњараш омада рўзи аниќи тўйро муайян менамоянд, раиси мањалла ва мўйсафедони ба обрўйи дењаро

даъват мекунанд. Бегоњ раиси мањалла њамроњи мўйсафедон ба хонаи амаки Њусейн мера-вад. Хеле мешинанд, аммо аз хостгорњо дарак намешавад. Азбаски намози хуфтан дер ме-шуд, онњо омин карда мехезанд.

Баъди 10 даќиќаи рафтани раиси мањалла он зан бо ќавоќи гирифта вориди хонаи холаи Майсара гашта, лаганди болои сарашро пеши холаи Майсара мегузораду мегўяд:

-Чизњои додаатонро гире-ду кулчаю ќанди овардаамро б а р г а р -

донед. Мову шумо ќудо шуда намета-вонем!

-Аз шунидани ин гап сари холаи Майсара гаранг шуда, њайрон мепурсад: - -Ягон кас ба шумо дар бораи ман ё духтарам ягон гапи бад гуфт?

- Не, нагуфту…

Амаки Њусейн, ки бањси за-нашро бо ќудозан мешунид, ба шўр омада дод мезанад:

- Чї лекин?! Гапатонро нахоида гап задан гиред!

-Духтари шумо би-сёр ќиммат будааст,-мегўяд ќудозан. -Зўри мо ба гов наме-расад, барои њамин омадам, ки фотињаро гардонам.

Амаки Њусейн дигар тоќат накарда ба сари занаш дўѓ ме-занад:

- Занаки беаќл, магар ман ба ту нагуфта будам, ки бо ин кампир њатто дањан ба дањан нашав. Нияти келинкунї ме-доштанд, шавњараш, марди

хонадон хостгорї меомад. Њамааш айби ту! Чаро на-

пурсида розигї додї?! «Ќудошаванда» бо

тамасхур ба љанљоли Њусейну занаш мени-

гарист. Рафтори зани шаттоњ ѓазаби падари Ма-

нижаро оварда мегўяд: - Шумо шири одам нахўрда

будаед! Наход ќадри як гов аз ќадри инсон баланд бошад?! Манижаи мо моњ барин духтару фаришта барин инсон аст. Та-моми љавонон њаваси духтари маро мехўранд, шумо бошед, аз неъмати худодода ношукрї на-муда, ќадри говро аз инсон боло гузоштед. Шавњарат, агар одам мебуд, омада ба хубї мегуфт, ки шароити гов овардан надо-

рам, ман худам њамон говро мехаридам! Магар намедонед, ки аз фотиња гаштан чї ќадар хосияти бад дорад?! Тез аз на-зарам гум шав, ки рангу рўятро набинам!

Ана њамин тавр Манижаро дар як рўз фотиња карданду ба-рои як гов шуда, худи њамон рўз аз фотиња гардониданд,-наќлашро ба охир расонд Сољида.

Аз шунидани ин хабари дањшатбор дар худ печидам. Худоё, наход ќадри як гов аз ќадри инсон баланд бошад?! Наход гул барин духтар ба 500 доллар наарзад?!

Фикри шумо чист хонан-дагони гиромї? Шояд дар њаёти шумо њодисањои аз ин њам шадидтар рух дода бо-шанд? Дидаю шунидањоятонро рољеъ ба ин мавзуъ нависед. Нигоштањоятонро дар мавзўи тўйи арўсї метавонед ба по-чтаи электронии [email protected] ва [email protected] ва ё бо суроѓаи зерин ба мо фиристед: ш. Душанбе, хиёбо-ни Саъдии Шерозї 16, идораи њафтаномаи «Оила»

Фарангиси Фармон

говкелИн ќИммат

ё ?

Page 21: ШУмораи оила 31

№31 (755) 06.07.2014 22 ЭълоНЊо

дар шумораи навбатї:

занљаллоб

гањворабахш

домоди таљовузкор

айшвария рай ба шавњараш хиёнат мекунад?

омўзиш • Коллељи техникї-

технологии назди ТЉММ-и Љумњурии Тољикистон

Ќабули довталабонро ба-рои соли хониши 2014-2015 аз рўи ихтисосњои зерин то 1 сентябр эълон менамояд:

1.2-37 010133 Хизма-трасонии техникї ва таъми-ри муњаррикони дарунсўз (рўзона ва ѓоибона) бо ило-ваи шањодатномаи ронандаи дараљаи «С»

2.2-44010132 Ташки-ли њамлу наќл ва идораку-нии наќлиёти автомобилї. (рўзона ва ѓоибона) бо ило-ваи шањодатномаи ронандаи дараљаи «С»

3.2-40010135 Таъминоти барномавии коркарди маълу-моти иќтисодї ва иттилоотї корї (рўзона ва ѓоибона) бо иловаи шањодатномаи ронан-даи дараљаи «В»

4.2-250135 Њисоби муњосибї (бухгалтер), ташхис

ва назорат (рўзона ва ѓоибона) ба иловаи шањодатномаи ро-нандаи дараљаи «В»

5. Омўзгори дифои њарбї ва варзиш барои мактабњои миёна.

• Курсњои кўтоњмуддати кафшергари барќї, монтёри барќї оид ба таъмир ва хиз-матрасонии барќї.

• Ба Коллељ довталабон баъди хатми мактаби миёна (синфи 11) ќабул карда ме-шавад. Муњлати тањсил 3 сол

• Барои дохил шудан, њуљљатњои зеринро пешнињод намоед:

1. Ариза2. Шиноснома ё гувоњнома

(нусха)3. Аттестат ё шањодатнома

(асл)4. Вараќаи даъватномаи

њарбї (нусха)5. Гувоњномаи саломатї6.Гувоњномаи љои

истиќоматї7. 6 дона расми 3 х 4

8. Тарљумаи њол9. ХислатномаБарои маслињатњои

иловагї ба нишонаи зерин мурољиат намоед: истгоњи «Кохи Борбад» кўчаи Спор-тивная-8, тел: 903 88 75 08, 919 42 28 45, 2 36 12 2

• Афтонидани санги гурда, талха, беморињои сардард, асаб, дил, пўст, базурётї, баровардани зиён, тарс, кушодани бахт, безурётї, кўдакони пойњояшон фалаљ, саръ (припадки), аз нашъа ва араќ гардонида мешавад, касалињои дил, микроби хун, микроби узвњои занона, са-федшавии хун, нобут кар-дани кирмњои сафеду сиёњ, хирашавии нурњои чашм, дарди пойњо, зикшавии дил, касалињои занона ва ѓайра. Тел. 919-23-66-00, 919-74-66-67, Раъно

• Маркази табобатї дардњои чурраи сутунмуњра (грыжа позвоночника), осте-охондроз, протрузияро табо-

бат мекунад. Тел. 90-500-74-54

• Холу озахњоро бе љарроњї нест мекунад. Тел. 95-152-79-77

• Нишонаи сарисинагї, ашёњои нуќрагї, тилло, нуќра, тиллои сафед, њайкалча, расм дар катон. Бозори Шоњмансур, дорухонаи "Экс-пресс". Тел. 93-504-03-72

Сармуњаррир шудан меХоњед?

"Оила дар Русия-мигрант" байни журналистон, адибон ва дигар суханварон барои ишѓоли вазифаи сармуњаррир озмун эълон менамояд. Маљаллаи мазкур ба масоили њаёти муњољирони тољик дар Русия бахшида шудааст. Дар озмун довталабони аз 25 то 45 солаи ќалами бурро, зењни тез, њунари бо кампютер ва Интернет кор кардан дошта, шир-кат варзида метавонанд. Донистани забонњои тољикї ва русї, њамчунин њисси баланди масъулиятшиносї њатмист. Дархост ва шарњи њол (сиви)-и худро метавонед ба почтаи электронии зерин ирсол доред: oila _ [email protected]

мефурўшам• Фавран мефурўшам,

мошинаи дарздўзии «Ямата». Тел:917-02-58-48, 985-31-03-61

• Мефурўшам, моши-ни сабукрави «Мерседес-Компрессор», њолаташ хуб аст. Тел: 917-02-58-48

Ќабули эълонњо бо телефони (44) 640-99-88

таъљилан мефурўшам

Автомобили опел vEktra соли барориш 1990 дар њолати хуб.

Тел: 918668264

ба Кор даъват меКунем!

Сањифабанди рўзнома

Талабот:Дониши хуби компю-

терї ва донистани барномањои зерин:

adobe InDesign ва Photoshop њатмист. ва он чи кї марбут ба сањифабандї аст.

Cv-и худро метаво-нед ба почтаи электро-нии [email protected] равон намоед.

Телефон барои тамос: 918-66-82-64

Саломатї

гуногун

тўњмати ќайсингил

Page 22: ШУмораи оила 31

№31 (755) 06.07.2014 23

-Фирўзабону, хабари фарзанддор шу-данатонро фањмида хурсанд шудем. Навзо-дро чї ном нињодед?

-Асмоа. Ин ном ба шавњарам писанд буд, ба-рои њамин ман мухолифат накардам.

-Мабодо шавњаратон дар хона нишаста кўдакро нигоњубин кун мегуфтанд, тарки сањна мекардед?

-Он кас пеш аз хонадоршавї медонистанд, ки бо Фирўза Њафизоваи њофиза издивољ карда ис-тодаанд ва њамсари оян-даашон бе сањна зиндагї карда наметавонад. Ди-даю дониста њофизаро ба занї гирифтанд, бинобар ин, бояд ба зиндагї бо зани њунарманд одат намоянд.

-Манзури ман чизи ди-гар буд, кўдакатонро кї нигоњубин мекунад?

-Дар масъалаи нигоњубини фарзандам ташвиш намекашам, чунки дар хона хизматгор дорам. Тамоми кору бори хона ва нигоњубини духтарам бар дўши ўст. Албатта худи ман њам нисбати хонаву фар-занд бепарво нестам, вале бештар хизматгорзан дар ин масъалањо масъул аст.

-Аслан сарватмандон хизматгор мегиранд. Ма-гар Фирўза Њафизова мил-лионер аст?

-Шукри Худо, камбаѓал не-стам. Бисёрињо ба сарватман-дон чандон назари нек надо-ранд, вале андеша намекунанд, ки сарват бо пойи худаш ба хонаи касе намояд. Барои сар-

в а т -манд шудан аќлу тамиз ва њунару мала-ка лозим аст. Рўз то бегоњ дар хона бишинї, давлату сарват аз дарат намедарояд. Мо мењнат карда пул меё-бем! Хизматгор доштанамро пинњон намедорам. Ман са-рояндаам ва рўз то шом аз пайи корњои эљодиам такудав мекунам. Магар бад аст, ки зане кўдаки маро парасторї намуда, ризќу рўзии бачањои худашро аз њамин њисоб ме-ёбад?!

-Намеранљед, агар як масъалаи нозукро бипурсам.

-Марњамат бипурсед, агар ќудрати посух гуфтан дошта бошам, мегўям.

-Замони нав ба сањна баромаданатон сару садоњои зиёде пањн гаш-та буданд, ки Фирўза бо пули афѓонњо «карера» кард. Ин гапњо то куљо асос доштанд?

-Фирўза њељ гоњ ба пули дигарон даврон накардааст. Аз рўзе, ки худамро меши-носам, њамеша мењнат ме-кунам. Кўшиш менамоям, ки њаргиз пеши касе забонкўтоњ ва муттањам нашавам.

-Шавњаратон марди пулдор аст?

-Пулдор аст, вале пулпа-раст нест. Мардест њалиму мењрубон. Ростї, кам-кам рашк мекунад. (Механдад) Ба фикрам дар дунё марди бе рашк нест.

-Баъди сукути дусола ба сањна баромадан баро-ятон душвор набуд?

-Мушкил будааст.

-Фирўзаро шавњараш сарпарастї мекунад мегўянд..?

-Рост аст. Баробари хо-надор шуданамон тамоми мушкилотамро шавњарам бар дўши худ гирифт.

-Шунидем, ки аллакай як албом тайёр кардед?

-Бале, албоми навам ќариб тайёр шуд. «Гиряи тифл» ном дорад ва Худо хоњад ба наздикї пешкаши мухлисон мегардад.

-Чаро дар консерти «Шиор» иштирок накар-дед? Назаратон наги-рифт?

-Худо шоњид, ки ман зани худхоњу њавобаланд не-стам! Он рўз як кори муњим доштам, бинобар ин, имко-ни ба толор рафтанро на-ёфтам. Занњои шавњардор вазифадоранд, ки оилаа-шонро дар љойи аввал гу-зоранд ва ман аз ин миён истисно нестам.

-Духтари калониатон то њол дар мадраса ме-хонад?

-Падараш намегузо-рад, ки ў дар љойи дигар зиндагї кунад.

-Шавњаратон фарзан-

донро ба худию бегона људо намекунад?

-Не, духтарамро чунон дўст медорад, ки тасвираш

бо сухан имкон надорад.

-Бадхоњонатон ѓайбат карда гаштаанд, ки Фирўза аз ин шавњараш њам људо шу-дааст?

-Эй вой, намедонам ин гапу калочањоро кї пањн ме-кунад, вале њамааш дурўѓ аст. Ман шавњарамро дўст медорам, вай њам маро дўст медорад. Фикри људо шудан ба сари ягонтои мо наза-дааст.

-Суруди «Диловари ман»-ро ба шавњаратон бахшидаед?

-Оре, ин таронаро махсус барои шавњарам ба ќавле «заказ» карда будам.

-Фирўзабону аз он, ки газетањо дар бораатон бисёр менависанд, асабї намешавед? Муносибата-тон бо журналистон чї гуна аст?

-Нисбати ягон журналист бадбинї надорам. Њамин рўзноманигоронанд, ки моро ба мардум муаррифї мекунанд.

-кай консерти нави Фирўзаро мебинем?

-Ваъда доданро хуш на-дорам, вале дар фикраш

њастам. Худованд кадом рўзе розї шавад, њамон

ваќт консерт медињам. Суњбаторо:

Рустам Азимї

Фирўза Њафизова:

духтарамро хИзматгор тарбИят мекунад

Фирўза Њафизова ба муаррифї ниёз надорад, зеро садои дилнишинаш ин парипайкарро кайњо азизи дили мардум гардонидааст. Ваќтњои охир камнамо гаштани Фирўза дар сањнаи њунар боиси пањн гаштани овозаю њангомњои зиёде вирди номаш гашт. Аз њамин хотир мо бо дархости мухлисони сершумораш ба љустуљўи Фирўзабону афтодем ва инак, фишурдаи суњбатамонро бо ин нозанини булбуловоз пешкашатон месозем.

суЊбати сари роЊ

Page 23: ШУмораи оила 31

№31 (755) 06.07.2014 24