16
40 (11901) 4 октябри соли 2013 Бењин фарди љањон омўзгор аст, Аз ў сарсабзу хуррам рўзгор аст www.omuzgor-news.tj НАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ЊАФТАНОМА АЗ 20-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 1932-ЮМ НАШР МЕШАВАД ОМЎЗГОР МЕЊРНОМА Эњдо ба Президент Чун халќи холиќи мо њар сў зи њам људо шуд, Бељо ба зери гардун барљои мо зи љо шуд. Њарфи муњаббати ту, њарфи зи вањдати ту, Бар љумла љони хаста монандаи даво шуд. Номи туро нависем, эй ќањрамони Вањдат, Бо оби ноби тилло дар тоќи ќасри миллат! Номус парчамат шуд, бас ёди нанг кардї, Дар роњи сулњи миллат бо љанг љанг кардї. Садњо гирењ кушодї, пайваста ќалбњоро, Бо мењр сад баѓалро холї зи санг кардї. Номи туро нависем, эй ќањрамони Вањдат, Бо оби ноби тилло дар тоќи ќасри миллат! Њар роњи ту чу роњи бахти сафеди халќ аст, Неругањат чу барќи чашми умеди халќ аст. Чун марди вањдатовар њастї саодатовар, Њар рўзи неки умрат рўзи саиди халќ аст. Номи туро нависем, эй ќањрамони Вањдат, Бо оби ноби тилло дар тоќи ќасри миллат! Сад минбари баландат маъвои роз бодо, Иќболи халќи хешат умре ниёз бодо. Кўтоњ агар бигўем, сўи саодати халќ Дастат дароз бодо, умрат дароз бодо! Номи туро нависем, эй ќањрамони Вањдат, Бо оби ноби тилло дар тоќи ќасри миллат! Ќàњðàìîíè Âàњäàò Бозор СОБИР Рўзи омўзгор муборак, њамкасбон! Њамватанони азиз! Њозирини гиромї! Анљом ёфтани сохтмони боз як иншооти муњиму стратегї, яъне, кушодани роњи мошин- гард дар ќалби аѓбаи душвор- гузари Чормаѓзак дар ќатори наќбњои бузурги Истиќлолу Озодї ва Шањристон аз љумлаи дастовардњои таъ- рихии мардуми сарбаланди Тољикистон ва самараи неки бунёдкориву созандаи давро- ни соњибистиќлолии кишвари азизамон мебошад. Яъне дар натиљаи азму талошњои Њукумати мамла- кат ва зањмати ватандўстонаи мардуми кишвар орзуву омо- ли деринаи халќи тољик яке аз паси дигар ба воќеият табдил ёфта, аѓбаву роњњои душвор- гузари кўњие, ки асрњои аср ба рўи одамон баста буданд, фатњу осонгузар мегарданд. Ба ифтихори ин рўйдоди таърихї, яъне, ифтитоњи наќби Чормаѓзак, ки якљо бо наќби Озодї дар кўтоњ гардидани масофаи Шоњроњи мошингар- ди Душанбе - Кўлоб Хоруѓ Кулма ва муњимтар аз њама, љињати таъмини бехатарии њаракати наќлиёт ва амнияти мусофирон наќши муњим до- рад, кулли мардуми Ватани мањбубамон Тољикистон ва њамаи шумо - њозирини арљмандро самимона табрик мегўям. Корњои сохтмони наќби Чормаѓзак ва роњњои ба он пайвастшаванда дар доираи лоињаи таљдиди роњи мо- шингарди Душанбе - Кулма, ќитъаи Душанбе -Данѓара 15-уми марти соли 2010 оѓоз гардида, дар муњлати пешби- нигардида ба анљом расонида шуданд. Дарозии наќби мазкур 4450 метр ва арзиши лоињавии он бо дарназардошти роњњои ба наќб пайвастшаванда беш аз 300 миллион сомониро таш- кил намуда, корњои сохтмонї бо сифати нињоят баланд иљро гардидаанд. Ифтитоњи наќби Чормаѓзак дар бароба- ри хеле кўтоњ намудани фоси- лаи роњ ва таъмини бехатарии њаракати мусофирон, инчунин ба сарфаи ваќт ва сўзишворї мусоидат намуда, имкония- ти рафтуомади мунтазами воситањои наќлиётро дар та- моми фаслњои сол фароњам меорад. Мехоњам махсус хотирни- шон созам, ки дар натиљаи татбиќи лоињаи таљдиду аз- навсозии роњи мошингарди Душанбе Вањдат Данѓара масофаи шоњроњи Душанбе Вањдат Кўлоб нисбат ба роњи Душанбе Ќўрѓонтеппа - Кўлоб дар маљмўъ ќариб 100 километр кўтоњ гардид. Бузургтарин ањамияти амалї гардидани лоињаи зик- ршуда - рањої ёфтани мусо- фирон аз азоби тай карда- ни ду аѓбаи хавфнок, яъне аѓбањои душворгузари Шар- шару Чормаѓзак дар фасли зимистон, инчунин пешгирии садамањои наќлиётї ва тала- фоти љонї мебошад. Тибќи тањлилњои оморї дар давоми солњои 2008 – 2012 ва 8 моњи соли љорї дар роњњои мошингарди Вањдат - Норак Данѓара, яъне минтаќаи аѓбањои «Чормаѓзак» ва «Шар- шар» 222 садамаи наќлиётї ба ќайд гирифта шудааст, ки бар асари онњо 68 нафар ба њалокат расида, 500 нафар љароњатњои гуногуни љисмонї гирифта- анд. Аз љумла, дар роњи аѓбаи «Чормаѓзак» тайи ин муддат 130 садамаи наќлиётї ба ќайд гирифта шудааст, ки бар аса- ри онњо 38 нафар шањрвандон ба њалокат расида, 325 нафари дигар љароњатњои гуногуни љисмонї бардоштаанд. Бинобар ин, рўйдоди имрўза дар баробари ањамияти таърихї доштанаш, инчунин ба тањкиму тавсеаи робитањои байналмилалї ва муомилоти тиљоратии кишварамон бо мамолики дигар такони љиддї мебахшад. Зеро осон гардида- ни њаракати наќлиёти боркашу мусофирбар, пеш аз њама, оми- ли муњими афзоиши воридоту содироти молу мањсулот, руш- ди иќтисоди миллї ва бењтар гардидани зиндагии мардум мебошад. Барои азнавсозии роњи мошингарди Душанбе - Вањдат - Данѓара ва сохтмони наќби Чормаѓзак беш аз 630 миллион сомонї маблаѓњои сармоягузории давлатї сарф карда шудаанд. Роњи маз- кур дар баробари он, ки пой- тахти мамлакатро бо яке аз вилоятњои калонтарини мам- лакат, яъне, Хатлон мепайван- дад, инчунин василаи муњими рафтуомади ањолии мамла- кат ва вусъат пайдо кардани робитаи байнињамдигарии мардуми манотиќи гуногуни кишвар мегардад. Зеро тавре ки тољикон мегўянд, мењр дар чашм аст. Дар бунёди наќби маз- кур сохтмончиёну коргаро- ни мањаллї ва мутахассисо- ни Ширкати роњу пулсозии Чайна Роуд”-и Љумњурии Мардумии Чин бо ѓайрати бу- зурги созанда зањмат кашида, иљрои вазифањои гузошташу- даро сари ваќт таъмин наму- данд. Бинобар ин, ба њамаи Самараи бунёдкориву созандагї Суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар маросими ифтитоњи наќби Чормаѓзак (шањри Норак, 1 октябри соли 2013) (Давомаш дар сањ.2) 5 октябр - Рўзи забон Њамасола якшанбеи њафтаи аввали моњи октябр дар мамлакат Рўзи муаллим љашн гирифта мешавад ниг. ба сањ. 3,6-14

Omuzgor #40

  • Upload
    -

  • View
    288

  • Download
    0

Embed Size (px)

DESCRIPTION

 

Citation preview

Page 1: Omuzgor #40

№ 40 (11901)4 октябрисоли 2013

Бењин фарди љањон омўзгор аст,Аз ў сарсабзу хуррам рўзгор аст

www.omuzgor-news.tjНАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

ЊАФТАНОМА АЗ 20-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 1932-ЮМ НАШР МЕШАВАД

ОМЎЗГОР МЕЊРНОМА

Эњдо ба ПрезидентЧун халќи холиќи мо њар сў зи њам људо шуд,Бељо ба зери гардун барљои мо зи љо шуд.Њарфи муњаббати ту, њарфи зи вањдати ту,Бар љумла љони хаста монандаи даво шуд.

Номи туро нависем, эй ќањрамони Вањдат,Бо оби ноби тилло дар тоќи ќасри миллат!

Номус парчамат шуд, бас ёди нанг кардї,Дар роњи сулњи миллат бо љанг љанг кардї.Садњо гирењ кушодї, пайваста ќалбњоро,Бо мењр сад баѓалро холї зи санг кардї.

Номи туро нависем, эй ќањрамони Вањдат,Бо оби ноби тилло дар тоќи ќасри миллат!

Њар роњи ту чу роњи бахти сафеди халќ аст,Неругањат чу барќи чашми умеди халќ аст.Чун марди вањдатовар њастї саодатовар,Њар рўзи неки умрат рўзи саиди халќ аст.

Номи туро нависем, эй ќањрамони Вањдат,Бо оби ноби тилло дар тоќи ќасри миллат!

Сад минбари баландат маъвои роз бодо,Иќболи халќи хешат умре ниёз бодо.Кўтоњ агар бигўем, сўи саодати халќДастат дароз бодо, умрат дароз бодо!

Номи туро нависем, эй ќањрамони Вањдат,Бо оби ноби тилло дар тоќи ќасри миллат!

Ќàњðàìîíè ÂàњäàòБозор СОБИР

Рўзи омўзгор муборак, њамкасбон!

Њамватанони азиз!Њозирини гиромї!Анљом ёфтани сохтмони боз

як иншооти муњиму стратегї, яъне, кушодани роњи мошин-гард дар ќалби аѓбаи душвор-гузари Чормаѓзак дар ќатори наќбњои бузурги Истиќлолу Озодї ва Шањристон аз љумлаи дастовардњои таъ-рихии мардуми сарбаланди Тољикистон ва самараи неки бунёдкориву созандаи давро-ни соњибистиќлолии кишвари азизамон мебошад.Яъне дар натиљаи азму

талошњои Њукумати мамла-кат ва зањмати ватандўстонаи мардуми кишвар орзуву омо-ли деринаи халќи тољик яке аз паси дигар ба воќеият табдил ёфта, аѓбаву роњњои душвор-гузари кўњие, ки асрњои аср ба рўи одамон баста буданд, фатњу осонгузар мегарданд. Ба ифтихори ин рўйдоди таърихї, яъне, ифтитоњи наќби Чормаѓзак, ки якљо бо наќби Озодї дар кўтоњ гардидани масофаи Шоњроњи мошингар-ди Душанбе - Кўлоб – Хоруѓ – Кулма ва муњимтар аз њама, љињати таъмини бехатарии њаракати наќлиёт ва амнияти мусофирон наќши муњим до-рад, кулли мардуми Ватани мањбубамон – Тољикистон ва њамаи шумо - њозирини арљмандро самимона табрик мегўям.Корњои сохтмони наќби

Чормаѓзак ва роњњои ба он пайвастшаванда дар доираи

лоињаи таљдиди роњи мо-шингарди Душанбе - Кулма, ќитъаи Душанбе -Данѓара 15-уми марти соли 2010 оѓоз гардида, дар муњлати пешби-нигардида ба анљом расонида шуданд.Дарозии наќби мазкур 4450

метр ва арзиши лоињавии он бо дарназардошти роњњои ба наќб пайвастшаванда беш аз 300 миллион сомониро таш-кил намуда, корњои сохтмонї бо сифати нињоят баланд иљро гардидаанд. Ифтитоњи наќби Чормаѓзак дар бароба-ри хеле кўтоњ намудани фоси-лаи роњ ва таъмини бехатарии њаракати мусофирон, инчунин ба сарфаи ваќт ва сўзишворї мусоидат намуда, имкония-ти рафтуомади мунтазами воситањои наќлиётро дар та-моми фаслњои сол фароњам меорад.Мехоњам махсус хотирни-

шон созам, ки дар натиљаи татбиќи лоињаи таљдиду аз-навсозии роњи мошингарди Душанбе – Вањдат – Данѓара масофаи шоњроњи Душанбе – Вањдат – Кўлоб нисбат ба роњи Душанбе – Ќўрѓонтеппа - Кўлоб дар маљмўъ ќариб 100 километр кўтоњ гардид.Бузургтарин ањамияти

амалї гардидани лоињаи зик-ршуда - рањої ёфтани мусо-фирон аз азоби тай карда-ни ду аѓбаи хавфнок, яъне аѓбањои душворгузари Шар-шару Чормаѓзак дар фасли зимистон, инчунин пешгирии

садамањои наќлиётї ва тала-фоти љонї мебошад.Тибќи тањлилњои оморї дар

давоми солњои 2008 – 2012 ва 8 моњи соли љорї дар роњњои мошингарди Вањдат - Норак – Данѓара, яъне минтаќаи аѓбањои «Чормаѓзак» ва «Шар-шар» 222 садамаи наќлиётї ба ќайд гирифта шудааст, ки бар асари онњо 68 нафар ба њалокат расида, 500 нафар љароњатњои гуногуни љисмонї гирифта-анд. Аз љумла, дар роњи аѓбаи «Чормаѓзак» тайи ин муддат 130 садамаи наќлиётї ба ќайд гирифта шудааст, ки бар аса-ри онњо 38 нафар шањрвандон ба њалокат расида, 325 нафари дигар љароњатњои гуногуни љисмонї бардоштаанд.Бинобар ин, рўйдоди

имрўза дар баробари ањамияти таърихї доштанаш, инчунин ба тањкиму тавсеаи робитањои байналмилалї ва муомилоти тиљоратии кишварамон бо мамолики дигар такони љиддї мебахшад. Зеро осон гардида-ни њаракати наќлиёти боркашу мусофирбар, пеш аз њама, оми-ли муњими афзоиши воридоту содироти молу мањсулот, руш-ди иќтисоди миллї ва бењтар гардидани зиндагии мардум мебошад. Барои азнавсозии роњи мошингарди Душанбе - Вањдат - Данѓара ва сохтмони наќби Чормаѓзак беш аз 630 миллион сомонї маблаѓњои сармоягузории давлатї сарф карда шудаанд. Роњи маз-кур дар баробари он, ки пой-тахти мамлакатро бо яке аз вилоятњои калонтарини мам-лакат, яъне, Хатлон мепайван-дад, инчунин василаи муњими рафтуомади ањолии мамла-кат ва вусъат пайдо кардани робитаи байнињамдигарии мардуми манотиќи гуногуни кишвар мегардад. Зеро тавре ки тољикон мегўянд, мењр дар чашм аст.Дар бунёди наќби маз-

кур сохтмончиёну коргаро-ни мањаллї ва мутахассисо-ни Ширкати роњу пулсозии “Чайна Роуд”-и Љумњурии Мардумии Чин бо ѓайрати бу-зурги созанда зањмат кашида, иљрои вазифањои гузошташу-даро сари ваќт таъмин наму-данд. Бинобар ин, ба њамаи

Самараи бунёдкориву созандагїСуханронии Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дармаросими ифтитоњи наќби Чормаѓзак (шањри Норак, 1 октябри соли 2013)

(Давомаш дар сањ.2)

5 октябр - Рўзи забон

Њамасола якшанбеи њафтаи аввали моњи октябр дар

мамлакат Рўзи муаллим љашнгирифта мешавадниг. ба сањ. 3,6-14

Page 2: Omuzgor #40

№ 40, 4 октябри соли 20132 ОМЎЗГОР ОБОДКОРЇ

29 сентябри соли 2013 бо иштироки Президенти кишвар Эмомалї Рањмон дар љамоати дењоти Шугноби ноњияи Ховалинг мактаб-интернат барои 320 нафар хонанда бо хобгоњ ва хонаи истиќоматї барои омўзгорон мавриди бањрабардорї ќарор гирифт.Зимни ифтитоњи мактаб-интернат,

аз љумла иттилоъ дода шуд, ки он бо 15 синфхона барои 320 нафар хонанда пешбинї шудааст. 4 синфхонаи он барои фанњои даќиќ ва дарсњои компютерї махсус гардонда шуда, 6 синфхона до-рои тахтаи электронї мебошад.Барои дар сатњи баланд ба роњ мон-

дани таълиму тарбияи хонандагон ба ин љо омўзгорони кордону соњибтаљриба љалб шудаанд. Омўзгорон бо моњонаи 2 њазор сомонї, хонаи истиќоматї ва хўроки бепул таъмин мебошанд. Маоши роњбари мактаб 2,5 њазор сомонї муай-ян шудааст.Чунонки аён гардид, хобгоњи мактаб-

интернат дорои 320 љойи хоб ва шарои-ти хуби зисту дарстайёркунї мебошад. Аз ин хотир, дар ин мактаб як гуруњ хо-нандагон аз шањру ноњияњои дигар низ тањсил мекунанд.Дар бинои истиќоматии барои мак-

таб бунёдгардида, ки дорои 10 хонаи барњаво мебошад, омўзгорон аз роњњои

дур бо манзили зист таъмин гардида-анд.Мактаб, њамчунин дорои толори

барњавои маљлисї, толори бузурги варзишї, майдони варзишї ва ошхонаи зебою муљањњаз мебошад.Сарвари давлат Эмомалї Рањмон ба

сифати сохтмон ва таљњизоти мактаб бањои баланд дода, ба роњбарияти кор-

хонаи заршўии Одина арзи сипос кард. Тавре зикр гардид, њам лоињакашї ва њам сохтмони биноњои мактаб аз љониби мутахассисони худи корхона анљом дода шудааст.Зимни суханронии Президенти

кишвар Эмомалї Рањмон, аз љумла зикр гардид, ки расо ду сол пеш ба субъектњои хољагидори ин љамоат,

аз љумла ба корхонањои заршўии Одина, Союз-Зар ва Ганљ барои бу-нёди мактаб-интернат ва ду мактаби тањсилоти њамагонї дар дењањои Шуг-ноб, Сангдара ва Зелолак супоришњои мушаххас дода шуда буд.Бо ќаноатмандї зикр гардид, ки

дар доираи иљрои ин супоришњо дар љамоати дењоти Шугноб аз љониби корхонаи заршўии Одина сохтмони мактаб - интернат, коргоњи нонпазї, коргоњи заргарї бо 30 љойи корї ва корхонаи коркарди гиёњњои шифобахш ва мањсулоти кишоварзї, коргоњи дўзандагї бо 20 љойи корї пурра ба анљом расонда шуд. Инчунин, сохтмо-ни мактаби тањсилоти умумї дар дењаи Зелолак аз љониби корхонаи заршўии Помир дар арафаи анљомёбї ќарор до-шта, бунёди мактаби тањсилоти умумї барои синфњои ибтидої дар дењаи Сурхо бо маблаѓгузории корхонаи Ганљ пурра ба анљом расидааст. Ба Ва-зорати энергетика ва саноат ва корхо-наи Союз-Зар дастур дода шуд, ки сох-тмони кашолёфтаи мактаби тањсилоти њамагонї дар дењаи Сангдараро њарчи зудтар ба анљом расонанд.

Prezident.tj

Ифтитоњи мактаб-интернати замонавї

лоињакашону кормандони муњандисиву техникї, сох-тмончиёни ватаниву хитої ба-рои анљоми сариваќтии лоиња ва зањмати шабонарўзиву бунёдкоронаашон миннатдо-рии Њукумати Тољикистонро изњор менамоям.Дўстони азиз!Њукумати мамла-

кат масъалаи аз бунбасти коммуникатсионї рањої бах-шидани Тољикистонро аз љумлаи њадафњои стратегии рушди миллї ќарор дода, љињати бунёди роњу пулњо ва наќбњо, ки шарти муњимтарини тараќќиёти мамлакат мебо-шанд, пайваста чораљўї карда истодааст.Дар ин раванд солњои охир

дар самти инкишоф додани инфрасохтори наќлиётї, ба-хусус бунёду азнавсозии роњу пулњои дорои ањамияти до-хиливу байналмилалї хеле корњои назаррас анљом дода шуданд.Чанд сол пеш дар масири

шоњроњи Душанбе - Вањдат - Данѓара наќби Озодї бу-нёд ва ба истифода дода шуд, ки ба хеле кўтоњ шудани роњ ва њаракати доимиву бехав-фи воситањои наќлиёт дар минтаќањои душворгузари аѓбаи Шаршар мусоидат на-муда, боиси хурсандии зиёди мардуми кишварамон гардида буд.Илова бар ин, дар љараёни

бунёди роњу наќбњо таљрибаи мутахассисону коргарони мо такмил ёфт ва тибќи тањлилњо ќариб 70 фоизи наќбканњои иншооти имрўзаро мутахасси-сону коргарони ватанї, яъне собиќ кормандони наќбњои Шањристон ва Озодї ташкил медињанд. Яъне, минбаъд мо метавонем дар сохтмони чунин иншооти муњим ба таљриба ва нерўи созандаи мутахассисони ватанї такя намоем.Бояд гуфт, ки аз соли 2000-

ум то имрўз дар соњаи бунёду таљдиди роњњои мошингарди

мамлакат зиёда аз 20 лоињаи сармоягузории давлатї ба маблаѓи умумии чоруним мил-лиард сомонї бо иштироки беш аз шаш њазор нафар мута-хассисон, ки ќисми зиёди онњо шањрвандони Тољикистон мебошанд, татбиќ гардида-аст. Дар натиља то имрўз беш аз 1700 километр роњњои до-рои ањамияти љумњуриявиву мањаллї бо 200 адад пулњои хурду бузург, инчунин зиёда аз 31 километр наќбњои мошин-гард, долонњои зиддитармавї ва дигар иншооти роњдорї бунёд гардида, ба истифода супорида шуданд.Тољикистони мо имрўз та-

вассути роњњои мошингарди Мурѓоб-Кулма, Шкев-Зиѓар, Шоњон-Зиѓар, Душанбе - Ќўрѓонтеппа – Данѓара – Кўлоб, Душанбе - сарњади Ќирѓизистон, Ќўрѓонтеппа-Дўстї, Дўстї - Панљи Поён ва Душанбе –Хуљанд - Чанак, инчунин наќбњои Истиќлолу Озодї, Шањристон ва пулњои байналмилалї аз болои да-рёи Панљ дар Панљи поён ва Шўроободу вилояти мухтори Кўњистони Бадахшон аз чор самт ба кишварњои олам роњи баромад дорад.Илова бар ин, њоло барои

таљдиду барќарорсозии роњу пулњо нўњ лоињаи сармоягу-зории давлатї ба маблаѓи 2,7 миллиард сомонї татбиќ шуда истодааст, ки дар натиља ило-ватан 450 километр роњњои асосии мамлакат таъмиру таљдид ва азнавсозї карда ме-шаванд.Аз љумла, њоло сохтмони

марњалаи сеюми роњи мошин-гарди Шоњон-Зиѓар, роњњои мошингарди Кўлоб-Ќалъаи Хумб, Душанбе-Турсунзода, Айнї - Панљакент ва корњои иловагї дар наќби Истиќлол босуръат идома доранд. Ду

рўз пеш мо татбиќи лоињаи таљдиду барќарорсозии роњи мошингарди Восеъ - Хова-лингро ба маблаѓи умумии 425 миллион сомонї оѓоз кардем ва ният дорем, ки дар мўњлатњои наздиктарин корњои таљдиду барќарорсозии роњи мошингарди Рашт - Навобо-дро шурўъ намоем. Ѓайр аз ин, њоло корњои асосноксозии техникиву иќтисодии таљдиду азнавсозии роњи мошингар-ди Лабиљар - Тавилдара - Ќалъаихумб идома доранд.Дар иртибот ба ин, ба Ва-

зорати наќлиёт супориш дода мешавад, ки якљо бо сохто-ру маќомоти дахлдор љињати сари ваќт ва бо сифати баланд ба итмом расонидани корњои тибќи лоињањои мазкур пешби-нигардида мунтазам чораљўї намояд.Њамзамон бо ин, зарур аст,

ки якљо бо маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї љињати нигоњубини роњу пулњо ва дар њолати хуб нигоњ до-штани онњо тадбирњои доимї андешида шаванд.Мехоњам хотирнишон со-

зам, ки ба шарофати бунёду таљдиди роњњои мошингард Тољикистон ба ќаламрави воњид табдил гардид, ки ин яке аз бузургтарин дастовардњои миллиамон дар солњои охир мебошад.Вобаста ба ин, як масъа-

лаи муњимро бори дигар таъ-кид менамоям, ки роњу пулњо ва наќбњои то имрўз бунёд-кардаамон ѓайр аз ин, ки ањамияти бузурги дохилї до-ранд, инчунин имкониятњои транзитии Тољикистонро тав-сеа мебахшанд ва ба тањкими муносибатњои дўстона бо кишварњои дуру наздик мусо-идат менамоянд.Бо дарназардошти ин, мо

минбаъд низ ба хотири рушду ободии Ватани азизамон раван-

ди созандагиву бунёдкорињо, аз љумла таљдиду азнавсозии роњњоро вусъат мебахшем.Мо дар оянда низ ба

масъалаи рушди шабакањои коммуникатсионї ва пеш аз њама, бунёди роњу пулњо ва наќбњои мошингард њамчун шоњрагњои таъминкунандаи тараќќиёти мамлакат муно-сибат карда, њамаи захира-ву имкониятњоямонро барои амалї гардидани наќшањои муайянкардаамон сафарбар месозем. Бо дарназардошти ин, ки наќби имрўза ќисмате аз шоњроњи байналмилалї ме-бошад ва њаракати сайёњону мењмонони хориљї тавассу-ти он рўз аз рўз меафзояд, зарур аст, ки аз ташкило-ту муассисањои роњдорї сар карда, то њар як фарди љомеа барои ободии роњњо, ташки-ли инфрасохтори муосир, ба роњ мондани сатњи баланди хизматрасонї ва риояи мада-нияти баланди истифодабарии роњ, ки љузъи муњими фарњанги миллиамон мебошад, саъю кўшиш намоянд.Њангоми суханронии худ

рўзи оѓози корњои сохтмони наќби Чормаѓзак љињати идо-ма бахшидан ба суннатњои бо-стонии миллиамон, аз љумла боѓдорї ва ободу зебо гардо-нидани муњити зист ба Коо-перативи истењсолии “Ёќут” дастур дода будам, ки дар баробари таъмиру барќарор намудани 120 гектар боѓу ток-зори ин мавзеъ иловатан 10 гектар боѓи нави дарахтони мевадињанда бунёд намояд. Тибќи ин супориш то имрўз 450 гектар боѓу токзори кўњна барќарор ва 84 гектар боѓи нав бунёд шуда, ин иќдоми нек боиси афзоиши истењсоли мањсулоти кишоварзї, фаро-вонии дастурхони мардум ва бо љойњои нави корї таъмин

намудани ањолї гардидааст. Њоло зарур аст, ки нигоњубини боѓњои зикршуда боз њам бењтар ба роњ монда шуда, доир ба ободонии њудуди роњњо мунтазам чораљўї кар-да шавад. Вобаста ба ин, вазоратњои кишоварзї, мелио-ратсия ва захирањои об, Куми-таи њифзи муњити зист якљо бо маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњо вазифадор карда мешаванд, ки доир ба шино-нидани нињолњо дар шафати роњњои тамоми ќаламрави кишвар, нигоњубину сабзони-дани нињолњои шинонидашу-да ва умуман обод гардони-дани њудуди роњњо мунтазам чораљўї кунанд.Бовар дорам, ки дар ояндаи

наздик мову шумо њамчун во-рисони сазовори аљдоди ша-рафманди худ бо сарљамъї ва зањмати созандаву ободкоро-наамон Ватани мањбубамонро боз њам ободу зебо гардо-нида, Тољикистони озоду соњибистиќлолро дар ќатори кишварњои пешрафтаи олам ќарор медињем.Њамчунин итминон до-

рам, ки мардуми шарафманди тољик барои амалї намуда-ни њадафњои неку созандаи давлату Њукумати кишвар бо нангу номуси баланди миллї саъю талош карда, дар раван-ди ободиву пешрафти Ватани азизамон сањми арзандаи ху-дро мегузоранд.Бо њамин ниятњои нек

бори дигар ифтитоњи ин-шооти бузурги имрўзаро ба њамаи њамватанони азиз та-брик гуфта, ба њар хонадони тољик хушбахтиву хушњолї ва рўзгори ободу осуда мехоњам ва пешнињод менамоям, ки наќби Чормаѓзак ба хотири ги-ромидошти яке аз ќадимтарин воњидњои љуѓрофии сарзамини аљдодиамон Хатлон номгузорї шавад.Доимо сарбаланду комёб

бошед, њамватанони азиз!

Prezident.tj

Самараи бунёдкориву созандагї(Аввалаш дар сањ.1)

НАВГОНЇ

Нахустин нашрияи Назорати (Вазорати) маорифи Тољикистон - маљаллаи «Дониш ва омўзгор» 5 марти соли 1926 аз чоп баромад.

Page 3: Omuzgor #40

№ 40, 4 октябри соли 2013 3ОМЎЗГОР РЎЗИ ОМЎЗГОРПРЕЗИДЕНТ ВА МАОРИФ ТАБРИКОТ

29 сентябри соли 2013 сафари кории Президенти кишвар Эмомалї Рањмон ба ноњияи Ховалинг бо иштирок дар ифтитоњи Маркази дастгирии кўдакони имконияташон мањдуд оѓоз ёфт.Тавре иттилоъ дода шуд, ин марказ

дар заминаи собиќ мактаб бо харљи беш аз 500 њазор сомонї барои таъли-му тарбияи кўдакони дорои имконияти мањдуди љисмонї омода гардидааст.Чунонки аён гардид, дар ин љо ба-

рои таълиму тарбия ва њунаромўзии ин кўдакон тамоми шароит барои онњо махсус омода гардидааст. Дар ин љо асо-сан кўдакони синни томактабї барои

шомил шудан ба мактабњои тањсилоти умумї омода карда мешаванд.Тавре зикр гардид, ин муассиса бо

кўмаки молиявии созмони љамъиятии Миссияи Шарќ, ки аз љониби Иттињоди Аврупо таъсис дода шудааст, омода гар-дида, барои 120 нафар кўдаки дорои им-коноти мањдуд пешбинї шудааст.Њамчунин, иттилоъ дода шуд, ки со-

змони Миссияи Шарќ чунин корњоро дар шањру ноњияњои Кўлоб, Муъминобод, Шўрообод ва Панљакент низ бо харљи беш аз 350 њазор евро амалї менамояд.

Prezident.tj

Маркази дастгирии кўдакониимконияташон мањдуд

5 марти соли 1926 яксолагии Назорати маорифи Тољикистон дар сатњи олї ботантана љашн гирифта шуд.

МАДЕЊА

Њар кї н-омўхт аз гузашти рўзгор,Низ н-омўзад зи њељ омўзгор. РўдакїАгар дар љањон набвад омўзгор,Шавад тира аз бехирад рўзгор.Агар дар дилат мењри устод нест,Ба дасти умеди ту љуз бод нест. ЉомїТо ин ки тифл хонаду соњибњунар шавад,Устоди мењрубони ў хуни љигар шавад.

Ибни ЯминНаравї то ба хизмати устод,Илму ирфон куљо бигирї ёд? БиноїЊаќќи устод аз падар беш астВ-аз падар устод дар пеш аст.Гар падар аз њаёт бањра дињад,Устод аз наљот бањра дињад. БиноїНавомўзро мадњу тањсину зењЗи танбењу тањдиди устод бењ! СаъдїПодшоње писар ба мактаб додЛавњи симин-ш бар канор нињод.Бар сари лавњи ў навишта ба зар:«Љабри устод бењ зи мењри падар». СаъдїКори беустод бихоњї сохтан,Љоњилона љон бихоњї бохтан. РумїЊељ кас аз пеши худ чизе нашуд,Њељ оњан ханљари тезе нашуд.Њељ Мавлоно нашуд Мавлои Рум,То муриди Шамси Табрезї нашуд. РумїБувад њар кор бе устод душвор,Нахуст устод бояд в-он гање кор. НизомїЊар киро устод набвад, кор бар бунёд

нест, Дар рањи маънї рафиќе бењтар аз

устод нест, КошифїЊар кї бе устод кард оѓози кор,Кору бори ў надорад эътибор.Домани устод гиру шод шав,Муддате хизмат куну устод шав!

Кошифї

Дар баёни устод ва шароити онАввал, устод бояд покизамазњаб бо-

шад, яъне, дар роњи хеш устувор бояд бошад.Дувум, донишманд бошад ва аз илм ё

фанни дарс мегуфтааш вуќуфи комил до-шта бошад.Сеюм, ахлоќи пок, рафтору кирдори

накў дошта бошад, бо шогирдон муоми-лаи њасана карда тавонад.Чорум, њар хисоли арзишманде, ки дар

њаќќи футуввати љавонмардон арз кардем, бояд аз он бархурдор бошад. Муњимаш он ки дар дил кинаю кудурат нисбат ба шо-гирд нагирад, ба онон баробар назар ку-над.Шогирд чї гуна бошад?1.Назди устод бо камоли эътиќоду

боварї ба хондан шурўъ намояд.2.Ба устод содиќона хизмат кунад.3.Дилу забонаш рост, яъне, як бошад.4.Њарчи устод гуфт, дар гўш бигирад ва

њар кор, ки фармуд, онро бояд содиќона сомон дињад.

Шогирд дар назди устод чї гуна одоб дошта бошад?

1.Пеши устод кам сухан гўяд.2.Устодро эњтиром кунад, ибтидо салом

дињад.3.Чун устод сухан гўяд, хомўш бошад

ва ба камоли майлу хоњиш ба гуфтори омўзгор диќќат дињад.

4.Агар суол дошта бошад, аз устод иљозат пурсад.

5.Дар назди устод (дар синфхона) бо касе гўшакї ё суњбат накунад.

6.Эътироз ба гуфтори устод накунад.7.Дар назди устод ба волидайн ва калон-

солон њамеша боодобу ботамиз бошад. Аз «Футувватнома»-и Њ.В.Кошифї

ТањияиБозоргул КАРИМОВА,

омўзгори забон ва адабиёти мактаби байалмилалии Президентї

Домани устод гиру шод шав

Устодони муњтарам!Омўзгорони арљманд!Дар Ватани мањбуби мо – Тољикистони

соњибистиќлол њамасола якшан-беи аввали моњи октябр њамчун Рўзи омўзгорон эътироф шудааст ва њамчун рамзи эњтирому эътиќод ва сипосмандї нисбат ба роњбару рањнамои маънавии ањли љомеа таљлил мегардад.Дар диёри офтобии мо, омўзгор, воќеан

њам, маќому мартабаи баланд дорад ва бархурдор аз эњтироми њамагон аст. Ас-лан, бузургдошти омўзгор барои халќи

фарњангсолори тољик анъанаи дерин буда, ба ин, ситоишномањои зиёди адаби-ёти пуровозаву ѓановатмандамон гувоњї медињанд. Бузургони илму адаби тољик омўзгорро «чароѓи рўзгор»-у «машъали хирад» ва «махзани маърифат»-у «оян-дасози миллат» номидаанд. Равшании рўзгор ва саодатмандии њамагонро ниё-гони хирадоини мо аз њастии омўзгор до-ниставу дар ин боб фармудаанд:

«Агар дар љањон набвад омўзгор,Шавад тира аз бехирад рўзгор».Гузаша аз ин, дар ќитъаи зер, ки хеле

машњур аст, мартабаи омўзгор волотар аз имтиёзи падар тавсиф гардида:Њаќќи устод аз падар беш аст,В-аз падар устод дар пеш аст.Гар падар аз њаёт бањра дињад,Устод аз наљот бањра дињад.Маќому эътибори омўзгор дар њама

гуна давру замон, новобаста аз шебу фа-розу каму костагињои рўзгорон, њељ гоњ коњиш наёфтаасту халалдор нашудааст.Соњибистиќлол гардидани

Тољикистони мањбубамон, ба боз њам боло рафтани мартабаи омўзгор му-соидат кард. Бисёр дастуру ќарорњо ва асноди дигар, ки дар марњилаи аввали истиќлолияти давлатии кишвар ба тас-виб расиданд, марбут ба бурузгдошту дастгирии омўзгор буданд.Бо камоли ифтихор тазаккур бояд дод,

ки Президенти љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон дар сиёсати хирадмандонаи хеш ба соњаи маориф афзалият бах-шидаанд ва дар ин замина, омўзгорро мањбубтарин шахси љомеа дониста-анд. Сарвари кишварамон таваљљуњи њамешагї ба мактабу маориф ва ба њаёту фаъолияти омўзгорон доранд ва ба њукми анъана зимни тамоми сафарњои хеш ба манотиќи гуногуни мамлакат, пеш аз њама, бо омўзгорон суњбату мулоќотњо меороянд, онњоро дастгирї менамоянд. Президенти маорифпарвару вањдатшиори мо омўзгорро «шањсутуни низоми таълиму тарбия» ва пешаи омўзгориро «муќаддастарин касби рўи замин» тавсиф бахшида, њамчунин, бо самимияти баланду эњтирому эътиќоди саршор иброз доштаанд: «Муаллим аќл, шарафу виљдони љомеа ва симои асо-сии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареѓ ба шогир-дон – фарзандони худ медињад ва хеш-ро аз ин хушбахт мешуморад». Воќеан њам, омўзгор шоиста ба њама гуна си-тоишу гиромидошт аст. Ў дар љомеа рисолати бузургеро дорост; тарбияву таълими наврасону љавонон, созанда-гони фардо, дар рўњияи ватандўстиву сулњпарварї, њифзи арзишњои миллї, худогоњиву хештаншиносї ва дўстиву созандагї аз муњимтарин ва пуршараф-тарин вазифањои ў ба шумор мераванд. Ба ифодаи дигар, омўзгор таълимгару тарѓибгари рўзгорони ободу осоишта,

пайвардгари наслњо буда, њамеша дифоъ аз манфиатњои умум мекунад, мушкило-ти љомеаро гирењкушої ва њамагонро ба њаёти саодатмандона роњнамої ме-кунад.Зањмати омўзгор дар назди давлат

эътибори бузург дорад. Ќабули Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мао-риф», Ќонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Барномаи давлатии насли наврас, стандартњои тањсилот барои њамаи муассисањои таълимї, ќабули низомномањо, таваљљуњ ба тањсилоти ибтидої ва миёнаи касбї, интихоби

бењтарин роњњои таълим дар њамаи зинањои тањсилот, бунёду таъмири мактабњо, њамасола баланд шудани муз-ди мењнати омўзгорон, ќадршиносии ањли таълиму тарбия бо љоизањои давлатї ва мукофотњои соњавї, аз љумлаи омилњои муассиреанд, ки бо маќсади дастгирии омўзгорон ва так-мил бахшидани шароити фаъолияти онњо корбаст шудаанд. Дар оѓози соли тањсили равон боз њам афзудани муз-ди мењнати омўзгорони њама намудњои таълимгоњњо бо иќдоми Сардори давлат боз як далели тозаи таваљљуњ ба масъу-лини таълиму тарбияи насли наврас ме-бошад.

Омўзгорони гиромиќадр!Гузашти айём, равандњои љањони

муосир ва масъулият бањри имрўзу фардои миллат дар назди њар кадоми мо вазифањои боз њам бештар масъу-лиятбору љиддитареро мегузоранд. Омўзгоронро мебояд, ки њамеша њамќадами замон бошанд, сифату сатњи таълиму тарбияро пайваста баланд бар-доранд, усули фаъоли таълимро корбаст намоянд ва барои ба меъёрњои љањонї мутобиќ кардани тањсилот кўшиш ба харљ дињанд. Бовар дорам, ки омўзгорони

собитќадаму хирадманди мо мутобиќ ба ин њама талаботу рўњияи даврон фа-ъолияти худро њамвора таќвият мебах-шанд ва парчами маърифатро боз њам баландтар меафрозанд.Бо ин њама орзуву ниятњои нек

шумо – омўзгорони мањубуб ва кулли алоќамандони соњаи маорифро ба муно-сибати љашни касбиатон – Рўзи омўзгорон самимона ва бо камоли эњтирому эътиќод табрику тањният мегўям. Бароятон сало-матию саодатмандї, хушбахтию пирўзї ва идомаи муваффаќонаву бавусъати фа-ъолият таманно дорам.

Ид муборак, омўзгорони азиз!

Омўзгор пайвандгари имрўзу фардост

Паёми табрикии вазири маорифи Љумњурии ТољикистонНуриддин Саидов ба ифтихори Рўзи омўзгорон

Page 4: Omuzgor #40

№ 40, 4 октябри соли 20134 ОМЎЗГОР РЎЗИ ЗАБОНЉАШНВОРА

Соли 1918 дар њудуди имрўзаи Тољикистон 19 ва соли 1919 73 мактаби дараљаи якум ва дуюм амал мекард.

5-уми октябр њамчун Рўзи забони давлатї ба фењристи љашнњои миллї во-рид гардидааст. Соњибзабонони кишва-рамон хуб огањї доранд, ки бори аввал Ќонуни забони Љумњурии Тољикистон дар Иљлосияи дањуми Совети Олии РСС Тољикистон 22-юми июли соли 1989 ќабул гардида, тайи 20 сол њамасола дар саросари кишварамон бо шукўњу шањомати хоса таљлил карда мешуд. Ба рўзи 5-уми октябр гузаронидани таљлили ин љашни миллї омилњои муњим дорад. Пеш аз њама, санаи 22-юми июл ба дав-раи таътили тобистонаи њамаи зинањои муассисањои таълимии љумњурї ва рух-сатии ањли маорифу фарњанг, зиёиён ва кормандони муассисаву ташкилотњо рост меомад, ки мањз иштироки ин ќишрњои љомеаро дар ин љашни умумимиллї ѓайриимкон мегардонд. Дигар ин ки муќаррарот ва меъёрњои Ќонуни за-бони давлатии Љумњурии Шўравии Тољикистон барои таъмини мукаммали эњтиёљу талаботи љомеа ба сифати забо-ни давлатї дар умури сиёсї, иќтисодию иљтимої, эљоди ќонуну санадњои меъёрї, илму маориф, фарњанг ва робитањои до-хиливу байналмилалї ќонеъкунанда набуд. Њамчунин, дар ќонуни мавриди амал ќарордошта меъёрњои истифо-даи дигар забонњо, аз љумла, забонњои аќаллиятњои миллии сокинони кишвар ба инобат гирифта нашуда буд. Бинобар ин, зарурати ќабули Ќонуни

нави Љумњурии Тољикистон «Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон» пеш омад. Ќонуни мазкур дурнамои руш-ди забони давлатиро дар асоси меъёрњои муќарраргардида дар иртибот бо вазъи њуќуќии забони давлатї, аз љумла, меъёрњои истифодаи дигар забонњо дар шароити кунунии муносибатњои дохилї ва хориљии кишвар танзим ва муќаррар менамояд. Боиси хушнудї аст, ки аз оѓози дав-

рони соњибистиќлолии миллї, Њукумати Љумњурии Тољикистон, бахусус, Сарвари давлат, муњтарам Эмомалї Рањмон ба масъалаи рушди забони давлатї, маќом ва истифодаи њамаљонибаи он тадбирњои муассир андешида шудаанд. Таърих со-бит намудааст, ки устувории њар милла-ту давлат ин пеш аз њама забони миллї аст. Миллату давлатњое, ки дар давоми мављудияти таърихии худ бо тамаддун ва осори гаронбањо ба иллати аз даст додани рўњи миллии хеш, яъне забони модарї аз сањифаи таърих дур шудаанд, кам нестанд. Барои мисол давлати Мис-ри Араб таърих ва тамаддуни на камтар аз 5-7 њазорсола дорад, лекин забони рас-миву коргузории он забони арабї аст. Ва ё давлати Покистон, ки яке аз кишварњои ќудратманди ќораи Осиё аст, забони давлатиаш забони англисї аст. Давлати Њиндустон, ки пас аз Љумњурии Халќии Хитой аз нигоњи нуфузи ањолї дар љањон љойи дуюмро ишѓол менамояд, забони ягонаи давлатии коргузорї надорад. Мањви забон мањви миллат ва

миллатњои соњибзабон аст. Дар замони хатарњои љањонишавї (глобализатсия) барои миллатњо ва халќиятњои хурду бузурги сайёра аз байн рафтани забони миллии халќу миллатњои бузург, ба си-фати забони давлатї ва коргузорї ќабул намудани забонњои ѓайр бояд ба њар миллати соњибзабон сабаќи љовидонии таърихї бошад. Таъсиру нуфузи забонњои муќтадир, майли беандоза ба забонњои ѓайр, махлутї ва бетаваљљуњї ба забон, таваљљуњи аз меъёр зиёд ба тех-нологияи пешрафтаи муосир метавонад омили эљоди хатарњои љањонишавї бо-шад. Забон њамчун љузъи фарњанги миллї

сайри таърихии тўлонї дорад. Таърих собит намудааст, ки гузаштагонамон њазорњо сол пеш аз ин дорои як забон- забони ориёї будаанд. Бо мурури замон ва гузашти садсолањо аз шохањои забони ориёї дигар забонњо вобаста ба давру замон ва макону мањалњо ба вуљуд ома-данд. Бо вуљуди њама гуна тохтутозњои берањмонаву ноинсофона, сўхтору ќатлу куштор ва шикасту парокандагињо соњибзабонон тавонистанд асолати за-бони тољикиро нигоњ доранд ва онро аз

таъсири дигар забонњо наљот дињанд. Аз таърих огањї дорем, ки дар тўли

садсолањо забони давлатдорї ва коргу-зории давлатњои турктабори ѓазнавиёну салљуќиён, ќарахониёну хоразмшоњиён, империяњои бузурги муѓулии чаѓатоиёну темуриён ва туркони усмонї, шайбониё-ну аштархонињо ва манѓитињо забони форсї- тољикї буд. Ин, ки аксари суло-лаву давлатдорињои фавќуззикр забони форсиро забони ягонаи давлатии худ њисобида, марказњои илмиву адабии дар-бор ва замони салтанати худро аз њисоби шоиру олимон ва њакимони тољику форсзабон зебу орои илмиву маърифатї медоданд, далели бебањс аст. Сарварии њамаи марказњои илмиву адабии аксари ќитъањои Осиёву Њиндустон ва ќисми аз мамлакатњои Аврупои Шарќиро то сарњадоти Муѓулистон ва ќисми аз Чину то сарњадоти љанубии Россияро тољикон-

форсзабонони соњибфазлу соњибмактаб сарварї ва рањнамої мекарданд. Пас, беибо хулосаи таърихї ин аст, ки забо-ни тољикї дар тўли ин солњо дар баро-бари забони давлатдориву коргузорї, вазифаи васлгарии халќияту миллатњои гуногунро низ ба љо овардааст. Забони тољикї дар маќоми забо-

ни давлатии Љумњурии Тољикистон ќарор дошта, тайи садсолањо бо вуљуди мушкилињои зиёди пешомада зина ба зина ташаккул ва такомул ёфтааст. Давраи нави таърихи забони тољикї аз асрњои VIII-IX мелодї оѓоз ёфта, дар

рушди меъёрњои адабии ин забон наќши муњим дорад. Дар оѓози давраи мазкур забони тољикї (форсї ва ё форсии дарї) дар ањди Сомониён дар маќоми забони давлатї ќарор гирифта, аз он давра ба баъд ин забон дар њама сабкњои адабї рушд ёфтааст. Забони тољикии форсї бештар аз њазор сол яке аз бузургтарин забонњои илмию байналмилалї ба шу-мор мерафт.Мањз бузургии забони дар тўли

њазорсолањо бо вуљуди њама гуна душво-риву мушкилињо то ба имрўз ба љовидон мондаамон аст, ки имрўз моро ба таъри-ху фарњанги бостонамон мепайвандад. Мероси гаронбањои аз даврањои ќадим, махсусан, дар ањди Њахоманишиёну Со-сониён ва Сомониён мањз тавассути за-бон ба ёдгор монда, нишонаи ќадимию љовидонии он аст. Осори бою гаронбањо ва пурарзиши

адибону олимони фарзона, њамчун пири њакимони замона- чун Рўдакї, Фирдавсї, Тўсї, Абўалї ибни Сино, Носири Хус-рав, Абўрайњони Берунї, Бедил, Саъди-ву Њофиз, Абдурањмони Љомї, Шамсид-дини Шоњин, Ањмади Дониш ва садњои дигар тайи зиёда аз њазору сад сол љањони ботини инсониятро шањомати маънавї бахшида, дар масъалаи ба арши аъло расонидани забони тољикї сањми му-носиб гузоштаанд. Ањли фазлу маънии давру замон тўли садсолањо нобиѓањои илму маъонии миллати тољикро «мав-лоно», «шайх», «њаким», «пир», «устод» эътирофу эњтиром ва фахр карда, дар пайравии осори гаронмоя ва бегазан-ди онњо асарњо офарида ва ё дар зами-наи андешањои волои онњо кашфиёту татќиќотњо кардаанд. Бо вуљуди таъсиру нуфузи арабу забони

арабї Абўабдуллоњи Рўдакї бо балоѓату фасоњати осори рангини худ тавонист ба забони тољикї шукуњу шањомати миллї

бахшида, умри онро љовидон гардонад. Абулќосими Фирдавсї бо њисси балан-ди миллї ва соњибзабонї бо эљоди асари љовидонии безавол- «Шоњнома» воќеан њам бо содагиву равонї ва оммафањмиву љозибаи сухани пуртаъсираш тавонист забони тољикиро ба курсии заррин ни-шонад:Аввал аз болои курсї бар замин омад

сухан,Ў суханро боз боло бурду бар курсї

нишонд. Дар замони соњибистиќлолии мил-

лии кишварамон забони тољикї дар маќоми забони давлатї дар корњои сиё-

сиву иљтимої ва иќтисодиву фарњангї маќому мартабаи олї дорад. Њамчунин, забони давлатї омили муњими иттињод ва њамбастагии миллатњо ва халќиятњои сокини љумњурї мањсуб меёбад. Моддаи 2 Конститутсияи (Сарќонуни)

Љумњурии Тољикистон ва моддаи 3 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон» таъкид менамоянд, ки «За-бони давлатии Љумњурии Тољикистон забони тољикї аст». Њар як шањрванди Љумњурии Тољикистон вазифадор аст, забони давлатиро донад. Вобаста ба ин, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар суханронї ба муносибати Рўзи забони давлатии Љумњурии Тољикистон аз 5 октябри соли 2010 таъкид дошта буданд, ки «Њар як шахси тањсилкарда, бахусус, роњбарон ва кормандону мутахассисони ташкилоту муассисањо бояд забони дав-латиро хуб донанд ва бо забони адабї ба таври озод суњбат карда тавонанд. Дар таъини онњо ба вазифањои роњбарї дар кадом сатњ донистани забони давлатї ба инобат гирифта шавад».Тибќи талаботи моддаи 4-и Ќонуни

мазкур «Њамаи миллатњо ва халќиятњое, ки дар њудуди Љумњурии Тољикистон зиндагї мекунанд, ба истиснои њолатњое, ки Ќонуни мазкур пешбинї намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон њуќуќ доранд». Меъёри муќарраргардидаи мазкур таѓйироти муњими ба Ќонуни нави Љумњурии Тољикистон «Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон» ворид-гардида мебошад, ки барои истифодаи забонњои аќаллиятњои миллии сокинони кишвар пешбинї шудааст. Њамзамон, дар банди 2-юми моддаи 4 таъкид гарди-дааст, ки «Љумњурии Тољикистон барои њимоя ва инкишофи забонњои бадахшонї (забонњои помирї ва яѓнобї) шароит фароњам меоварад».Забони тољикї њамчун забони дав-

латии Љумњурии Тољикистон ба њайси забони муоширати байни миллатњо ва халќиятњои сокини љумњурї низ истифо-да мешавад.Дар мулоќоти мазкури ба муноси-

бати Рўзи забони давлатии Љумњурии Тољикистон доштаи Президенти кишвар як ќатор масъалањое, ки иљрои онњо ме-тавонад рушди забони давлатиро таъ-мин намояд, дар шакли дастуру тавсияњо пешнињод шудаанд.Аввалтар аз њама, муќаррароти

Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон» дар њамаи муассисањои таълимї новобаста аз шакли молики-ят ва тобеияти идоравї тањти назорати доимї ќарор дода шуда, бояд таваљљуњ ба он зоњир гардад, ки забони тољикї дар маќоми забони илм ќарор дода ша-вад. Яъне, муассисањои тањсилоти олии

касбї ва илмии љумњурї уњдадор кар-да шуданд, ки барои ташаккули забони тољикї њамчун забони илм ва рушду тан-зими истилоњоти илмї тадбирњои муас-сир андешанд. Зеро ин талаботи моддаи 10. «Забони илм»-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи забони давла-тии Љумњурии Тољикистон» мебошад. Вобаста ба татбиќи банди якуми мод-

даи мазкур «Дар Љумњурии Тољикистон забони илм забони давлатї аст» аз љониби Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон як ќатор тадбирњои муас-сир андешида шуданд. Аз љумла, љињати иљрои талаботи яке аз бандњои “Барно-маи давлатии рушди маорифи Љумњурии Тољикистон барои солњои 2010-2015” бо маќсади таъмини муассисањои таълимии љумњурї, бахусус муассисањои тањсилоти олии касбї, баъдидипломї ва илмии љумњурї бо кадрњои илмї, дар масъа-лаи он ки “Давра ба давра табдилдињии аспирантура, докторантураи анъанавї ба докторантураи PhD анљом дода шуда, гузариши пурра ба низоми сезинагии тай-ёр намудани кадрњо (бакалавриат, маги-стратура ва докторантура) таъмин карда мешавад”, дар љумњурї бо роњњои муосир тайёр кардани кадрњои дорои дараљаи илмии доктор (PhD) ќарорњои дахл-дор омода карда шуданд. Бо ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон “Ни-зомномаи докторантура аз рўи ихтисос (PhD)” ва дар њамин замина “Дар бораи тартиби таъсис ва тасдиќи шўроњои дис-сертатсионии њимояи рисолањо барои дарёфт ва додани дараљаи илмии докто-ри фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихти-сос” ва “Стандарти давлатии тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимї (докторантура)” ба тасдиќ расонида шу-данд.Раванди мазкур метавонад боиси ба

забони илм табдил додани забони тољикї гардад. Зеро дар сурати дар Љумњурии Тољикистон таъсис дода шудани Ко-миссияи Олии Аттестатсионии дифои рисолањои илмии љавобгўи меъёрњои байналмилалии дараљаи илмии “докто-ри фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихти-сос” аз магистрантону аспирантон, док-торантон ва унвонљўён таќозо мегардад, ки рисолањои илмии худро аксаран ба за-бони давлатї тањия карда, шарњи мухта-сари (аннотатсияи) онро ба забонњои ру-сиву англисї (тибќи талаботи санадњои меъёрии илмї) омода намоянд.Тањияи истилоњоти илмї, ки барои

ба забони илм табдил ёфтани забони тољикї ањамияти аввалиндараља до-рад, масъалаи муњим аст. Њамчунин, тањия ва њамгунсозии истилоњоти за-бон, тањќиќи масоили услубшиносии забони тољикї, фарњангномањои клас-сикии форсї-тољикї, тањия ва нашри фарњангњои русї ба тољикии истилоњоти техникї, технологї, биология ва тиб, тањияи вожаномаву муњоварањои дуза-бонаю сезабона, таъмини тарљумаи рас-мии њуљљатњои соњавї ба забони давлатї, тањияи Барномаи сатњи академии забо-ни тољикї ва забони илм, фарњангњои истилоњотии соњавї, тафсирии англисї-русї-тољикии истилоњоти технологияи компютерї, истифодаи забони давлатї дар технологияњои компютерї, тањияи барномањои компютерии омўзиши за-бони давлатї, омўзиши фанњои дигар ба забони давлатї, тањияи барномањои тарљумаи компютерї аз забони тољикї ба забонњои дигар ва аз забонњои дигар ба забони тољикї, ворид намудани шак-ли электронии “Фарњанги имлои забони тољикї” дар шабакаи интернет ва дањњо чунин тадбирњои наќшавии Барно-маи рушди забони давлатии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2012-2016 метавонад омили ташаккул ва татбиќи забони давлатї њамчун забони илм ва истилоњоти илмї бошад.

Раљабалї САНГОВ,сармутахассиси раёсати

илм ва инноватсияи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон

Забони миллї аз муќаддасоти давлатист

Забон на фаќат воситаи муњимтарини муомилоти инсонї ва падидаи иљтимоист, инчунин, нишонаи асосї ва муайянкунандаи асолату њувияти мил-лат мебошад.

Эмомалї РАЊМОН

Барои њар фарди тољик лозим аст, ки забони модарии худро омўзад, онро гиромї дорад ва дар њифзи он сањм гузорад.

Эмомалї РАЊМОН

Page 5: Omuzgor #40

№ 40, 4 октябри соли 2013 5ОМЎЗГОР ЗАБОНИ МОДАРЇТАЌРИЗ

Месазад, ки перомуни њар китоби иртиботманд ба мавзўи ситоиши забони модарї суњбате бавусъат дошта бошем, онро барои њамдигар тавзењ бубахшем, ба муаллифаш сано бихонем. Мўљиби ифтихорман-дист, ки забони модарии мо – забони тавонманду пурово-заи тољикї дар мењвари бисёр тањќиќоту рисолаву китобњо ќарор гирифтааст ва сазовори ситоиши абармардону дониш-варони зиёди љањони илму адаб ва сиёсат гардидааст. Андар ситоишу бузургдошти забо-ни тољикї то имрўз китобњое пурмуњтавою арзишманд на-бишта шудаанд ва минбаъд низ набишта хоњанд шуд, зеро азамату ќудрати ин забон ба он дараљаест, ки њаргиз ба гуфтану набиштан тавсифи он поён на-пазирад. Шарафамандист њар ќаламкаше, ки дар ин мавзўъ сухане чанд аз сари мењру ихлос бигўяд.Ва инак, фењристи китобњо

андар ситоиши забони тољике боз бо як китоби тозае, ки «Истиќлоли давлатї ва гиро-мидошти забони модарї» ном дораду мутааллиќ ба ќалами сиёсатмадор ва муњаќќиќи ном-вар Зафар Сайидзода (Зафар Саидов) мебошад, мукаммал-тар гашт. Китоб бо пешгуфтори пурмењри муаллиф њусни оѓоз мегирад ва дар он, аз љумла, таъ-кид мегардад, ки забони тољикї дар арсаи таърих њамеша ва дар њама гуна вазъу њолат њамбаста бо таќдири миллат будаасту дар пойдориву устувории халќи тољик наќши босазову беназир бозидааст. Забони тољикї пай-ванди ќавию ногусастанї бо та-маддуни халќи тољик доштааст ва зиёда аз ин, як омили муњими шукуфоии тамаддуни ин халќи бостонї будааст.Ин хусусияти умдаи забони

тољикї дар дањсолаи вопаси-ни садаи бистум, дар овоне, ки Тољикистони мањбуби мо ба Истиќлолияти давлатї шара-фёб гашт, боз њам равшантар собит гардид.Яъне, муњимтарин рук-

ни фарњанги миллї – забони тољикї дар марњилаи аввали Истиќлол бањри эњёи давлат-дории тољикон, ташаккулу таќвияти Истиќлолият, баќои миллат, тавсеаи њисси миллї ва ифтихори ватандории ањли кишвар омили муњим гардид ва ба як сухан, дар радифи омилњои дигар дар пояндаги-ву устувории Истиќлолияти давлатї хизмати арзишманд

намуд.Зафар Сайидзода, муалли-

фи китоби мавриди гуфтугўи мо, моњияти забони давлатиро дар давраи Истиќлолият дар заминаи суханони пурмењру њикматрез ва дурандешона-ву хирадбунёди Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон тавзењ бахшидаст. Ў барњаќ таъ-кид менамояд, ки дар таќвияти маќоми забони тољикї ва гу-стариши бавусъати он Савари кишвари тољикон кўшишњои зиёде ба харљ додаву корњои мондагору тањрикбахшеро со-мон бахшидааст. Эњтироми Президенти љумњурии мо нис-бат ба забони модарї баѓоят самимию баланд аст. Ў борњо таъкид кардааст, ки «забони миллї симо ва пайкари мил-лат мебошад» ва аз њамагон, ба вижа, љавонон такрор ба такрор даъват менамояд, ки «фарњанги ѓании гузаштанони миллати худро хуб омўзанд, аз мероси гаронбањои шоирону мутафаккирони асрњои пешин бањрабардорї намоянд, ба ќадри тамаддун ва арзишњои фарњангї, забони миллї ва шеъру сухани оламгири ниёго-намон бирасанд».Иддае аз муњаќќиќон бар он

назаранд, ки дар давоми сад соли оянда таќрибан њаштод дар сади забонњои дунё нобуд хоњанд шуд. «Дар ин њолат оё забони тољикиро хавфе тањдид мекунад? Чї тавр мо бояд забони модариамонро њифз намоему тозаву беолоиш ва ќудратманд нигоњ дорем?» Муаллифи китоби «Истиќлоли давлатї ва гиромидошти за-бони модарї» кўшидааст, ки ба ин суолњои љиддї дар зами-наи тавзењу ташрењи суханони Президент Эмомалї Рањмон посух бигўяд. Ва чунон ки аз муњтавои ќисмати аввали ки-тоб – «Нигоњи мухтасар ба гу-заштаи забони тољикї» эњсос мешавад, ў ба ин муваффаќ њам шудааст. Бисёр мантиќист, ки муаллиф ќабл аз таъкиду тавзењи наќши забони тољикї дар тањкими Истиќлолият на-заре ба таърихи ин забони пурќудрат меафканад ва ишо-ра ба муњимтарин марњилањои рушди он мекунад. Ба ин гуна дар ќисмати «Нигоњи мухтасар ба гузаштаи забони тољикї» таъкид ва собит мешавад, ки зодбуму рушдгоњи забони мо-дарии мо Хуросони куњан ва Фарорўд (Мовароуннањр) мебо-шад ва ин марзи бавусът яке аз бостонитарин љойгоњи тамад-дуни башарият эътироф гарди-дааст. Фармуда ва мулоњизоти таърихнигарони маъруф Наршахї, Абўсаиди Абдулњай, Алиакбари Шањристонї, Пар-виз Нотили Хонларї, Саид Нафисї, Љалоли Матинї, Бобољон Ѓафуров, ки дар китоб иќтибос мешавад, њамагї басо љолибу бунёдиянд ва ќадимиву тавонманду устувору поянда будани забони тољикиро исбот мекунанду тавзењ мебахшанд. Чунончи, муаррих ва дониш-манди маъруф, Ќањрамони Тољикистон Бобољон Ѓафуров зимни таъкиди мавќеъ ва таъ-рихи дерини забони тољикї дар заминаи асноду авроќи фаровон

ва бозёфтњои археологї иброз доштааст, ки таърихи забони тољикї на дар давраи истилои араб, балки аз ќарни шаши ќабл аз милод шурўъ мегардад. Пас аз ташрењи фишурдаи вазъи забони тољикї (порсии дарї) дар ањдњои тохтутози арабњо, њукмронии Саффориёну Со-мониён, Ѓазнавиёну Темуриён ва таъкиди хидматњои бузурги устод Рўдакиву Фирдавсиву Ибни Сино… дар нерубахшї ба ин забони ноб ва баррасии љуѓрофиёи густурдаи забони тољикї муаллиф ба хулосае ме-расад, ки «забони дарї бо муру-ри замон на танњо ба роиљтарин ва њамагонитарин забони ин марзу бум табдил гардид, бал-ки василаи њамдигарфањмї ва риштаи васл байни ќавмњову ќабилањои мухталиф гардид ва ба бино ба тавоноињое, ки до-штааст ва њам аз он хусус, ки ба мањаллу тоифае мансуб набу-дааст, дар андак замоне забони расмї, дарборї ва умумї барои тамоми сулолањои Осиёи Миё-на ва њамчунон аз аќсои Њинд

то Рум гардид ва санадњову номањои расмиву давлатї аз Истамбул то Дакан ба ин забон сурат мегирифт. Дар њаќиќат, забони порсии дарї наќши за-бони байналмилалиро барои тамоми ин минтаќањо дошт». Дар фароварди ин ќисмати ки-тоб З.Сайидзода бо гўшзади он ки истифодаи ифодаи забони тољикї бар ивази форсї ва дарї њаргиз маънои инкори таърихи дерини ин забонро надорад, балки тољикию форсию дарї се шохаи як дарахти муќтадиранд, даъват бар њамагон мекунад, ки аз забони тољикї ифтихор би-намоянд ва таърихи онро пай-ваставу амиќ биомўзанд, забо-ни модариро арљгузор бошанд.Ќисмате, ки «Роњбурди по-

сдории забон дар ростои таъ-лимоти Эмомалї Рањмон» ном гирифтааст, мундариљаи асосї ва њадафи асли китобро ифода мекунад. Ончунон ки дар оѓози ин ќисмат омадааст, њарчанд забони тољикї њанўз дар даврони Шўравї (соли 1989) маќоми давлатї гириф-та буд, мањз истиќлолият ва ба вижа, Иљлосияи таърихии ХУ1 Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ва ба сафи ќудрат омадани љавонмарди љасуру ватанпарвар ва фарњангдўст Эмомалї Рањмон барои воќеан њам маќоми шоиста пай-до кардану тамоми соњотро фаро гирифтани он имконо-ти мусоид ва созгор фароњам овард. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Тољикистон татбиќи Ќонуни забон зери назорати љиддї гирифта шуд. Бо ибтикори Сардори давлат дар кишвар оид ба гиромидошти забони тољикї ва татбиќи Ќонуни за-бон паи њам асноду дастурњои

муњим ва таконбахш тањия ва ќабул карда шуданд. Аз љумла, соли 1995 Комиссияи татбиќи Ќонуни забон дар назди Њукумати Љумњурии Тољикистон таъсис гардид, соли 1997 Барномаи Њукумати Љумњурии Тољикистон доир ба тавсеа ва рушди забо-ни давлатї ба тасвиб расид,

соли 1998 бо ќарори Њукумат Имлои нави забони тољикї тасдиќ гардид ва нињоят, 5 октябри соли 2009 бо имзои Президенти љумњурї Ќонуни нави Љумњурии Тољикистон» «Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон» мав-риди бањрабардорї ќарор дода шуд.Чунон ки З.Сайидзода зикр

мекунад, таваљљуњ ба масоили марбут ба забони давлатї ва гиромидошти он дар мењвари сиёсати Президенти мамлакат ќарор дорад. Дар китоби мав-суф аз ин лињоз таъкид шудааст: «Президент Эмомалї Рањмон бо дарки амиќи масъулияти хеш бар њайси роњбари сиёсии киш-вар ба љойгоњи забон таваљљуњи беандоза дорад ва забони тољикї дар андешаи ў бар масобаи яке аз рукнњои асосии њувияти мил-лии тољикистониён аз мавќеияти хосае бархурдор мебошад». Њамин таваљљуњу ѓамхорї ва њисси баланди ватанпарварии Президент буд, ки мањз бо даъ-вату тасмими ў соли 2008 дар Тољикистон Соли бузургдошти забони тољикї эълон гардид ва дар ин сол чорабинињои муас-сиру њадафгири зиёде баргузор шуданд, ки ба њисси хештанши-носию ифтихори миллии ањли кишвар таъсири љиддие гузош-танд.Президенти Тољикистон

ќариб њар сол дар тантанањои Рўзи забони давлатї дар шањри Душанбе ширкат вар-зидаву суханронї мекунад. Суханронињои Сардори дав-лат дар ин маврид саршор аз мењру муњаббат ва ситоишу ѓамхорианд. Порањои зиёди суханронињои Президентро ба ифтихори Рўзи забони давлатї ва дар мавридњои мувофиќи

дигар (вохўрї бо ањли зиё, мулоќот бо ањли маориф ва мактабиён, таљлили санањои таърихї, ифтитоњи муассисањои фарњангї…) метавон њамчун андарз ва њикмат дар мавриди гиромидошти забони тољикї пазируфт. Ду далел: «Забон хишти аввалини кохи миллат, яке аз рукнњои асосии давлати миллї ва нахустунсури тафак-кури миллї мебошад». «Таъ-рих гувоњ аст, ки агар забон ва фарњанги миллї аз байн ра-ванд, миллат низ дер ё зуд та-факкури миллии худро аз даст дода, оќибат завол меёбад».Зерќисматњои китоби нави

З.Саидзода, ки унвонњои «Вожапазирї ва вожасо-зии дуруст бо истифодаба-рии сарчашмањои муносиб», «Вожасозї бо истифода аз имкониятњои дохилии забо-ни тољикї», «Иќтибоспазирї аз забонњои хориљї», «Ис-тифода аз луѓоту истилоњоти њамзабонон», «Корбаст, таъмин ва назорати забони давлатї…», «Бењтар кардани сифати таълими забон дар ни-зоми омўзиши кишвар», «Ме-ъёр ва њусни баён», «Дурусту беѓалат нигоштани лавњањо…», «Омўзиши хати ниёгон», «Њифз ва зинда сохтани номњои таъ-рихии љуѓрофї», «Номгузории фарзандон»…-ро гирифтаанд, аз самтњову љанбањои гуногуни сиёсати Президент марбут ба за-бони тољикї ва татбиќи Ќонуни забон њикоят мекунанд (аз ин хусус худ номи зерќисматњо шањодат медињанд).Дар охири ин ќисмати китоб

аз суханони Президенти мам-лакат дар ситоишу бузугдошти забони тољикї намунањо за-мима шудаанд, ки нигоштаву ќазоватњои муаллифро оид ба таваљљуњи Сардори давлат нис-бат ба забони тољикї таќвият мебахшанд.Боз як ќисмати китобро

нигоштае бо номи «Чї гуна бояд забон омўзем?» ташкил медињад. Он маќолаест оид ба имконоти забони тољикї, ќонуниятњои он, риояи њусни баён ва мантиќи гуфтор, ки му-толиаи батаанниаш, ба вижа, ба ањли ќалам ва зиёиён хеле манфиатбор хоњад буд.Ду ќисмати хотимавии ки-

тоб – «Бузургони адабиёти форсу тољик дар ситоиши за-бони дарї» ва «Намунањое аз ганљинаи адаби порсї» ба си-фати замимае ба мундариљаи он омадаанд ва воќеан њам, боиси боз њам мукаммалу пур-мазмун ва фарогиртар гарди-дани ин китоби арзишманд шудаанд.Китоби «Истиќлоли давлатї

ва гирмидошти забони модарї» дар заминаи мењру муњаббати бепоён нисбат ба забони тољикї иншо шудааст, он мењрномаи са-мимиеро мемонад, мењрномае, ки пайванди ќавї бо ѓурури ватандорї, ифтихори миллї ва худогоњиву хештаншиносї дорад, мењрномае, ки аз неруи тањрикбахшу њидоятгар бар-хурдор аст, мењрномае, ки ба кулли хонандагонаш таъсиргу-зор хоњад буд…

Абдурауф МУРОДЇ, «Омўзгор»

Истиќлолият ва забони миллат

Соли 1920 аввалин мактаби ибтидоии духтарона дар Хуљанд таъсис ёфт.

Илми воќеан миллї дар асоси забони миллї таъсис ва та-шаккул дода мешавад, ки инро таљрибаи дигар кишварњо кайњо собит кардааст. Забони тољикї фаќат дар сурате њамчун забони илму фарњанг мавриди истифодаи васеъ ќарор мегирад, ки бо ин забон истилоњоти илмї ба вуљуд оварда шавад.

Эмомалї РАЊМОН

Page 6: Omuzgor #40

№ 40, 4 октябри соли 20136 ОМЎЗГОР ЉАЊОНИ ОМЎЗГОР

Моњи марти соли 1921 дар Душанбе Шўъбаи вилоятии маорифи халќи Бухорои Шарќї таъсис ёфт.

МАШВАРАТ

Њафтаи гузашта дар ноњияи Ёвони вилояти Хатлон барои мудирони кабинетњои методии шуъбањои маорифи 26 шањру ноњияњои вилоя-ти Хатлон семинар-машварат доир гардид. Бо даъвати раёсати маорифи вилоят љињати муар-рифии низоми имтињонњои марказонидашудаи дохилшавї (ИМД) ба муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон мутахассисони Му-ассисаи давлатии “Маркази миллии тестї” (ММТ) дар семинар-машварат иштирок намуда, низоми ИМД-ро муаррифї намуданд. Муаррифї дар шак-ли электронї намоиш дода, ба иштирокчиён оид ба таъсис ва маќсаду вазифањои ММТ, хусусиятњои фарќкунандаи низоми ИМД аз низоми амалкунан-даи ќабули довталабон, марњилањои асосии љорї намудани низоми ИМД, баќайдгирии довталабон, супоридани имтињонњо ва тарзи навишти кори хат-тии эссе маълумот дода шуд.Ба саволњои иштирокчиёни машварат оид ба

дастрас намудани намунањои саволномањои тестї,

тарзи тањия, навишт ва санљиши кори хаттии эссе, имтињонњои эљодї ва мањорат, имтиёзњо ва њуљљатњои лозимї барои баќайдгирї аз тарафи му-тахассисони ММТ посухњои муфассал дода шуд.Аз љониби иштирокчиён пешнињодњо љињати

амалї намудани низоми ИМД, ташкили корњои фањмондадињї дар байни хонандагон ва дигар пањлўњои низом мавриди муњокима ќарор гирифт.Дар фарљоми муаррифї љињати амалї намудани

наќшаи чорабинињо оид ба ташкил ва гузаронида-ни вохўрињо бо директорон, омўзгорон ва хатмку-нандагони муассисаи тањсилоти миёнаи умумї ва падару модарон љадвали махсус бо њар як мудири кабинети методии шањру ноњияњои вилоят тањия гардид. Мувофиќи наќша вохўрињо аз моњи октя-бри соли љорї то марти соли 2014 гузаронида ме-шаванд.

Парвиз САИДОВ,сардори шуъбаи робита бо љомеаи

Маркази миллии тестї

Забон баёнгари сарнавишти таърихии халќи тољик буда, бо истиќлоли Ватани мо сахт пайванд дорад. Яъне, њар гоњ Ватани мо озод ва мустаќил будааст, забони мо њам шукуфо ва истиќлол доштааст. Ва гоњо њангоми маѓлубиятњои сиёсии халќамон забони мо бар забону фарњанги ѓолибон пирўз гардида, ин маѓлубиятро љуброн кардааст.

Эмомалї РАЊМОН

Зиёда аз 100 мамлакати љањон Рўзи муаллимонро 5 октябр љашн мегиранд. Бори аввал 5-уми октябри соли 1966 дар Париж конфронси давлатї бахши-да ба маќоми муаллимон (Special Intergovernmental Conference on the Status of Teachers) баргузор гардид. Дар он њамоиш Ташкилоти байналмилалии мењнат ва ЮНЕСКО њуљљатеро бо номи «Пешнињодњо бо таваљљуњ ба вазъияти муаллимон» (Recommendation concerning the Status of Teachers) имзо карданд.Танњо соли 1994 ЮНЕСКО Рўзи байналмилалии

муаллимонро (World Teaches' Day) иди расмї эълон кард. Чанд намуна аз таљлили Рўзи муаллимон дар аќсои олам.Хитой. Рўзи муаллимонро дар ин кишвар 10 сен-

тябр ќайд мекунанд. Дар ин рўз ба муаллимони худ туњфањо таќдим мекунанд, шогирдон устодони хешро бо суханњои зебову гулу гулдастањо табрик мегўянд. Шогирдоне, ки мактабро кайњо хатм кардаанд, ба зиёрати устодонашон меоянд. Аргентина. Рўзи муаллимон дар ин мамлакат 11

сентябр љашн гирифта мешавад. Дар таќвим ин рўз бо ранги сурх нишон дода шуда, муассисањои таъли-мии тамоми мамлакат истироњат мекунанд. 11 сен-тябр барои аргентинињо боз рўзи ёдбуди собиќ пре-зиденташон Доминго Фаустино Сарментост, ки ўро мураббиву муаллими бузург мешуморанд. Ў ба њайси ислоњотгари соњаи маориф машњур аст. Доминго ѓайр аз ин дар мамлакаташ флоти њарбї ва мактаби љангалпарвариву агрономї таъсис додааст. Бо ша-рофати ў дар аксари рустоњои Аргентина мактабњои ибтидої ташкил дода шуданд. Курсњои такмили их-тисос ва бозомўзї барои муаллимон махсус дар ваќти президент будани ў ба кор шурўъ кардаанд. Њиндустон. Њиндуњо Рўзи муаллимонро 5-уми сен-

тябр таљлил мекунанд. Воќеан, дар ин рўз дуюмин пре-зиденти кишварашон файласуф, доктор Сарвепалли Радњакришнан таваллуд шудааст. Дар ин рўз мактабњои кишвар ба љои дарс њар гуна љамъомадњо ташкил ме-кунанд ва толибилмон ба љои муаллимонашон дар синфњои поёнї бахшида ба устодон дарс мегузаранд. Арманистон. Дар ин кишвар Рўзи муаллимон дар

аввалин шанбеи моњи октябр (имсол ба 5октябр рост меояд) дар сатњи давлатї љашн гирифта мешавад. Дар ин мамлакат ба устодон муносибати эњтиромона ва хоса доранд. Имрўз Арманистон барои пешрафти њама соњањои давлат кўшиши зиёд ба харљ медињад ва давлат-дорон муаллимонро асоси пешрафт мењисобанд. Дар ин рўз ба муаллимон мукофтњои пулї таќдим мекунанд. Канада. Дар Канада таљлили ин рўзи њирфаї ба

Рўзи байналмилалии муаллимон рост меояд. Соли 2002 дар ин кишвар бахшида ба Рўзи муаллимон маркањои љашнї чоп карда буданд. ИМА. Амрикоињо Рўзи миллии муаллимонро авва-

лин сешанбеи моњи май љашн мегиранд. Ин њафтаро Њафтаи сипос ба муаллимон ном гузоштаанд. Танњо дар Аёлати Масачусет Рўзи муаллимонро якшан-беи нахустини моњи июн ќайд мекунанд. Таърихи ин рўз дар Амрико аз 7 марти соли 1980, ваќте Кон-гресс онро танњо барои як сол тасдиќ карда буд, оѓоз ёфт. То соли 1985 танњо Академияи миллии тањсилот њамасола Рўзи муаллимонро сешанбеи нахустини моњи июн љашн мегирифт. Ва соли 1985 Њафтаи сипос ба устодон расман тасдиќ шуд, вале онро моњи май љашн мегирифтанд. Дар зер фењристеро меорем, ки дар он кишварњо

Рўзи муаллим љашн гирифта мешавад:Австралия – љумъаи охарини октябрБразилия – 15 октябрЧехия – 28 мартМиср – 28 февралОлмон – 5 октябрЭрон – 2 майЯмайка – 6 майМексика – 15 майМарокко – 28 февралЗеландияи Нав– 29 октябрПеру – 6 июлПолша – 14 октябрИспания – 29 январТуркия – 24 ноябрРўзи муаллимон боз як имкониятест, ки ба

омўзгорони азиз ва мушфиќ арзи сипос барои сабру тањаммул дар кори зањматталабашон кунем. Биёед, Рўзи муаллимонро њамроњи устодонамон љашн мегирем.

Ситорабонуи СОЊИБНАЗАР,“Омўзгор”

АРЗИ МЕЊР

ФАЗИЛАТ

Рўзи муаллим дар љањон

Омўзиши низоми нав

Устоди азизу арљманди мо, собиќадори соњаи маориф Сао-дат Рањмонова, бешак, аз тоифаи занони хушбахт аст, зеро умри азизи худро сарфи ободии Ватан, тарбияи љавонон ва афзудани дороињои табиати диёр кардааст. Ў гиёњшинос аст. Гиёњшиноси соњибназар, нуктадон ва сухан-вар. Ин сифатњо дар сиришти ў модарзодист. Њар як мусоњиб дар лањзањои аввали дидор бо ў ин бартарињоро дарк мекунад. Хур-ду калон ўро њамчун шахси ба-рояшон азиз, њамчун роњнамою маслињатгар дўст медоранд. Фурўтаниву мавќеъшиносї ва ѓамгусори дигарон будан он кас-ро соњибэњтиром кардааст. Аз касе, ки дар Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи устод Садриддин Айнї дар бо-раи он кас пурсидем, љавоб як хел буд: бењтарин устод, ѓамхортарин муаллима. Магар бањое баланд-тар аз чунин эътирофи самимо-на вуљуд дорад? Њаргиз! Мирзо Бедил гуфтааст: «Хоксорї исми аъзам буд, бар дилњо нишаст».

Агар Тўтихон Тошпўлодова ўро модари маънавии чанд насли духтарони донишгоњ њисобида бошад, доктор Холназар Муњаббатов боѓбони гулњои диёр мењисобад, дар нигоњи Сахидод Хоркашев бошад ў донандаи мумтози забони рустанињо аст. Алѓараз, њам Абдуллољон Юлдо-шеву њам Шоњсафар Акобиров, њам Алишер Љўраеву њам Тоњир Гурукову, Раљабгул Ќосимова ва

дањњо нафари дигар муаллима Са-одат Рањмоноваро бо мењр сито-иш карданд, дар њаќќаш сухано-ни мењромез гуфтанд.918525454Чор фарзанди соњибкамоли

муаллимаи азиз - Мењрубон Шодмон ва Заринаву Мањина аз модари мушфиќи худу пада-ри њунарварашон устод Бурњони Рањмон олитарин сифатњои инсо-ниро касб кардаанд. Дар ин хона-дон фариштаи мењр ошён дорад. Ва њамаро ба ин даргоњ љазбаи хоси кадхудову кадбону меорад. Ин ду инсони наљиб, ин ду љуфти муносиб, машъалафрўзи зиндагии шогирдонанд. Як умр аз офтобу об аз мењру ихлос њарф задаанду њамдилиро тарѓиб кардаанд.Банда њам ба ин хонадон чун

ба хонаи падар меоям. Бо умед, бо дили пур, бо нияти сафо ёфта-ни хотир, зеро дар ин љо модари маънавии ман, омўзгори мумтоз, боѓбони гулпарвару гулсириште зиндагонї мекунад. Инсоне умр ба сар мебарад, ки соњибсаодат аст. Мо дар рўзгори ояндаа-шон њам ба устоди азиз Саодат Рањмонова сафою сурур таманно дорем.

Убайдулло АКРАМЗОДА

Машъалафрўзи зиндагїЗан зан зи вафо шавад, зизевар нашавад,

Сар сар зи дањо шавад, зиафсар нашавад.

Њикматест бисёр машњур ва ибратбахш: «Дар љавонї саъй кун, гар бехалал хоњї амал, Мева бенуќсон бувад, чун аз дарахти навбар аст». Дар њаќиќат, љавонї айёмест, ки инсон ташаккул меё-бад, умдатарин хислатњои хешро устувор мекунаду такмил мебахшад. Яке аз хислатњои шоистаи њар як фард забондониву забономўзист. Дуруст аст, ки омўхтани забони модариро њар кас бояд тамоми умр идома дињад. Вале аз ин лињоз айёми љавонї пурсамартарин марњилаи умр аст. Љавонон бояд се-чор забонро омўзанду донанд, аммо мањз дар зами-наи хуб донистани забони модарї. Эњтиром ба за-бони модарї њамчун як рукни асосии муќаддасоти миллї бояд аз фазилатњои њамидаи љавонони муо-сир бошад. Шоиста ба зикр аст, ки имрўз бисёре аз љавонони мо тавассути радиову телевизион ра-вону сањењ сухан мегўянд ва эњтиромашон нисбат ба забони модарї хуб эњсос мешавад. Вале мутаас-

сифона, ќисми зиёди љавонон дар омўзиши забони модарї коњилї мекунанд, нутќашон, суханонашон пурѓалату пурсакта ва муѓлаќу носањењ аст. Онњо дар баёни фикр душворї мекашанд, гўё на бо забо-ни модарии хеш, балки бо кадом як забони хориљї сухан мегуфта бошанд. Илова бар ин, лафзи ќисме аз љавонон махлутгашта бо калимоти забони бе-гона (бештар русї) мебошад, онњо, њатто, њангоми муошират аз алфози ќабењ, калимањои даѓалу тањќирсози забони модарї истифода менамоянд. Бояд њамагон дар њама љо нисбат ба чунин рафтору кирдори љавонон эътироз баён намоем.Забондонї низ њусни љавонист ва эњтиром ба за-

бони модарї бењтарин хислати њар љавони боша-раф мебошад.

Мењрон ТУРОНОВ, донишљўи соли сеюми факултаи наќлиёти ДТТ

ба номи М.Осимї

Забондонї њусни љавонист

Page 7: Omuzgor #40

№ 40, 4 октябри соли 2013 7ОМЎЗГОР НУЌТАИ НАЗАР

Моњи июни соли 1921 дар шањри Душанбе Анљумани аввалини кормандони соњаи маориф баргузор шуд.

Тўли шаш сол аз рўйи ин бар-нома таълим љараён дошта бошад њам, дар омўзиши он душворињои зиёде пеш омадаанд. Дар барнома барои њамаи синфњо дода шудани омўзиши миќдори зиёди шоиру нависандагон, номувофиќатии баъзе маводњо ба синну соли хо-нандагон, бештар бо услуби илмї навишта шудани маводи баъзе аз китобњои дарсї ва дар њаљми зиёд оварда шудани порчањо аз осори нависандагон, дар повараќи ки-тоби дарсї нишон дода нашуда-ни калимањои барои хонандагон наву душворфањм боиси коста гаштани шавќу раѓбати хонан-дагон нисбат ба омўзиши фан-ни адабиёт гаштааст. Мо бояд адабиётдўстонро тайёр кунем, на адабиётшиносонро. Омўзгорони забон ва адабиёти тољик пой-банди иљроиши барнома гаш-танду сифати таълим коњиш ёфт. На њар хонандаи мактаби миёна ќобилияти ба пуррагї дарк на-мудани мавзўъњои дар барнома додашударо дорад.Адабиёт аслан монанди боѓи

беканорест, ки дарахтони азиму серњосиле дорад, аз самари ин боѓ њама имкони чашидан доранд. Њар касе, ки вориди ин боѓ ме-шавад, дар баробари аз мевањои шакарини он истеъмол намудан, метавонад барои ояндаи худ аз

он тўшае бигирад. Хонанда ба даргоњи мактаб ќадам нињода, њангоми омўзиши фанни адабиёт вориди ин боѓ мешавад, дарах-тони азиму сермеваи он њамон шоиру нависандагоне њастанд, ки бо њаёти ибратомўзу осори пурар-зиши худ тўли асрњо ташнагони илму адабро хурсанду комёб ме-намоянд. Вале њар чиз њадду ан-доза дорад. Илм њам ќатра-ќатра зам шуда дарё мешавад. Аз ин рў, ба хонандагон њам мувофиќи синну сол ва ќобилият зина ба зина омўзонидани илм натиљаи хуб медињад. Барномаи имрўзаи адабиёт чунон мураттаб ёфтааст, ки хонанда гўё меваи як дарахтро ба пуррагї начашида, ба дарахти дигар даст мезанад ва дар охир лаззати ин мевањоро эњсос накар-да мемонад, дарк намекунад, ки аз кадом дарахт чї хел меваро ис-теъмол карда буд. Яъне мувофиќи барномаи љории таълими адаби-ёт хонанда ба њаёту эљодиёти як шоир ё нависанда ба пуррагї ши-нос нашуда, ба омўзиши шоиру нависандаи дигар оѓоз менамояд, зеро дар барнома миќдор ба на-зар гирифта шуда, сифати таълим ва натиља дар љойи охир меистад. Барои баланд бардоштани си-

фати таълими адабиёт, бедор на-мудани шавќу завќи хонандагон ба адабиёту китобхонї, омўзиши њаёту эљодиёти шоиру нависан-дагон ва ба воситаи шиносої ба осори бузургони адабиёт тарбия намудани шањрвандони боилму фарњанг, адабиётдўст, ватандўсту инсонпарвар, масъулиятшино-су хоксор, озодфикру дурандеш бояд ба барномаи таълими адаби-ёт таѓйирот дохил намоем, бояд он шоиру нависандагонеро ворид намоем, ки омўхтани њаёту осори онњо дар хотири хонанда наќши муњим мегузорад.Ба фикри мо, дар айни њол

барномаи таълими адабиётро бо якчанд сабабњо ба куллї таѓйир додан имкон надорад. Сабаби аввал ин муњлати кам дар омода намудани барномаи нав аст, зеро бо саросемагї барномаи мукам-малу љавобгўи замонро муњайё кардан кори сањлу сода нест. Зеро барнома барои як ё ду сол не, бал-

ки барои чандин сол тартиб дода мешавад. Сабаби дигар китобњои дарсї ва нашри онњост, ки боз ваќту маблаѓи зиёдеро талаб ме-намояд. Моро лозим меояд, ки то омода шудани барномаи нав китобњои дарсии мављударо ба назар гирифта, барномаи таъ-лими адабиётро барои соли хо-ниши 2013-2014 омода намоем.

Сипас, то соли хониши оянда мо метавонем барномаи њаќиќатан љавобгўи замонро тайёр намуда, аз рўйи он китобњои дарсиро низ омода созем. Дар моњњои сентябр-октябр эълон намудани озмун ба-рои барномаи бењтарини таълими адабиёт хеле хуб мешуд, зеро дар љумњурї омўзгорони варзида, соњибтаљрибаву эљодкор зиёданд, бо кўмаки онњо метавон барномаи нави дархўри замон ва мувофиќи талаботро тањия намуд.Дар њаќиќат, норасоињо дар

барнома зиёданд. Дар 5 соати дарсї омўхтани њаёт ва порчањо аз ду асари барљастаи С. Айнї «Ёддоштњо» (китоби дарсї дар њаљми 12 сањифа), «Ќањрамони халќи тољик Темурмалик» (ки-тоби дарсї дар њаљми 40 сањифа) барои хонандаи синфи 5 аз имкон берун аст. Хуб мешуд, ба љойи ин ду асар таълими шеъру ѓазалњои Айнї ва порча аз «Мактаби куњна» дода шавад. Омўзиши њаёт ва порча аз романи «Вафо»-и Фотењ Ниёзиро ба синфи 7 гу-зоштан мувофиќтар аст. Ба ѓайр

аз ин, ба љойи порча аз романи «Вафо» аз романи «Њар беша гу-мон мабар, ки холист» овардани порча мувофиќтар мешуд. Ваќте ки омўзгор аз романи «Њар беша гумон мабар, ки холист» порае наќл мекунад, аксарияти хонан-дагон ба љустуљўи асар медаро-янд, то онро ба пуррагї хонда, аз таќдири Давлат Сафоев бохабар

шаванд. Дар барнома барои синфи

7 аз Љ.Балхї дар њудуди 5 соат омўзиши се њикоят ва андарзњо дода шудааст. Хуб мешуд, њикояти «Табиб ва бемор» дар синфи 9 омўхта шавад, зеро ба синну соли хонанда ин њикоят он ќадар мувофиќ нест. Дар 11 сањифаи китоби дарсї овардани андарзњои Љ.Балхї њам зарурат надорад, зеро ба хонда ва тањлил намудани он соат кифоягї наме-кунад. Кї кафолат дода метаво-над, ки хонандаи синфи 7 «Ривоя-ти суѓдї»-и Сотим Улуѓзодаро дар зарфи 5 соати дарсї хонда, моњият ва мазмуни онро дарк карда метавонад, њол он ки дар китоби дарсї дар њаљми 42 сањифа порча оварда шудааст. Инчунин, дар ќисса њолатњое њастанд, ки умуман ба синну соли хонандагон мувофиќ намеоянд. Бинобар ин, аз Сотим Улуѓзода ба љойи «Риво-яти суѓдї» чун дар барномаи пеш-тара омўхтани порча аз ќиссаи «Субњи љавонии мо» бењтар аст. Ин ќисса ба синну соли хонанда-

гон мувофиќ буда, дарки мазмуни он низ осонтар ва љињати тарбия-виаш низ баланд аст.Дар барномаи синфи 8

љойгир намудани порча аз «Зафарнома»-и Ибни Сино, ки дар синфи 5 дода шудааст, бењтар аст. Хонандагони синфи 5 дар њудуди 4 соат ба њикояњо дар бораи Сино шинос шуда, рубоиёташро тањлил намояд, бењтар аст. Дар барномаи синфи 9 ду ѓазали Њофиз «Ѓам махўр», «Хуш набошад», ки дар синфи 6 омўзонда мешаванд, такрор ома-даанд. Дар синфи 6 омўхтани 7 ѓазали Њофиз тавсия шудааст, ки барои хонандагони ин синну сол душвор аст. Ба фикри мо, ин ду ѓазалро аз синфи 6 гирифта, дар синфи 9 омўхтан хубтар аст. Айни ин њол дар тањлили ѓазалњои Ка-моли Хуљандї низ мушоњида ме-шавад. Ѓазалњои «Ѓарибї», «Гуф-там: Ба чашм», «Ошўби љонї» дар синфи 7 дода шудаанд ва боз дар синфи 9 хонанда гумон мекунад, ки Камоли Хуљандї ва ё Њофиз кам ѓазал гуфта бошанд. Ин дар њолест, ки Њофиз чун пайѓамбари ѓазал шинохта шудаву дар девони Камоли Хуљандї 977 ѓазал љой дода шудааст. Бисёр хуб мешуд, дар барномаи синфи 9 омўзиши њаёт ва эљодиёти Зебуннисо ва Мўниса Мањастии Њуљандї низ чун намояндагони шоирањои ада-биёти классикї љой дода шавад. Фањмидану фањмондани масна-вии «Гулзори Ирам»-и Мушфиќї барои хонандагони мактаби миёна хеле гаронї мекунад. На њар омўзгор ва на њар хонанда ба мазмуну мундариљаи ин маснавї сарфањм меравад. Дар маснавї 25 ќањрамон амал мекунад, ки љисму хислатњои инсонианд. Ба хотир гирифтану пайдарпай наќл намудани сужети маснавї сањлу осон нест. Бинобар ин, пешнињод мекардем, ки ин маснавї ба донишљўёни факултети филологї таълим дода шуда, ба љойи он дар барнома тањлили ду ѓазали дига-ри Мушфиќї оварда шавад. Дар зер намунаи барномаи таълими адабиётро барои соли хониши нав пешнињод менамоем.

Адабиётшинос тайёр кунем ё адабиётдўст? АКСИ САДО

(Давомаш дар сањ.8)

ЧЕЊРА

Дар љараёни кор мушовирону нози-рони шуъбаи маориф зуд-зуд ба мактаб омада, аз рафти таълиму тарбия, та-дрис назорат мекарданд, бањри бењбуд бахшидани кор ба мо, омўзгорони љавон, маслињату тавсияњои методї ме-доданд. Махсусан, тавсияњои методии мудири кабинети методии шуъбаи мао-риф Теша Салоњов, ки ќимати баланди назариявї ва амалї доштанд, ба мо рўњу илњоми тоза мебахшиданд.Устод дили моро ба ин касби пурша-

раф гарм мекард, дар бораи педагогњои барљастаи Аврупо, методњои навтари-ни таълиму тарбия маълумот дода, аз њаёти мутафаккирони барљастаи Шарќ ќиссањои намоён мегуфт.

Омўзгор, мушовир, мураббии вар-зида, пажўњишгари борикбин Теша Салоњов собиќаи беш аз нимасраи омўзгорї дошта, дар рушду нумўи соњаи маорифи љумњурї сањми арзанда

гузоштааст.Теша Салоњов пас аз хатми мактаби

миёна ба факултаи филологияи тољики Донишгоњи миллии Тољикистон шо-мил гардида, онро соли 1964 хатм кар-дааст. Фаъолияти омўзгориашро худи њамон сол дар мактаби тањсилоти уму-мии №44-и шањри Ќўрѓонтеппа оѓоз намудааст. Аз соли 1967 то имрўз дар вазифањои мухталифи соњаи маорифи шањри Вањдат кору пайкор менамо-яд. Ин марди хирад муддате вазифаи пурмасъулияти њизбиро низ ба ўњда дошт ва беш аз 35 сол дар вазифањои љонишини мудири маориф, мудири ка-бинети методии шањри Вањдат кор кар-дааст. Аз соли 2006 инљониб вазифаи муовини мудири маркази методии шуъ-баи маорифи шањрро ба ўњда дорад.Устод њамчун корманди эљодкору

навовар, педагоги бомањорату ташаб-бускор тўли 30 сол роњбарии маркази методии шуъбаи маорифро ба ўњда дошт. Тањти роњбарии ў ин муассиса ба маркази тайёркунї ва бозомўзии кадрњои педагогї табдил ёфт. Марка-зи методї њамчун муассисаи базавии Донишкадаи љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормадони мао-

риф ба њисоб меравад. Шунавандагони курсњои бозомўзї барои таљрибаандўзї ва мубодилаи афкор мењмони ин марказ мешаванд ва аз таљрибаи пешќадамаш бархўрдор мегарданд.Як самти дигари фаъолияти пу-

рарзиши Теша Салоњов таълифи рисолаву асар ва маќолањои илмї-методї мебошанд. Ў муаллиф ва му-раттиби 28 номгўй дастурњои методї, саволномањои тестї (санљишї) аз фанњои забон ва адабиёти тољик, асосњои давлат ва њуќуќ, инчунин, фанњои дигари таълимї мебошад. 32 маќолаи илмї-методиаш доир ба ма-соили илмї, методї ва мактабшиносї дар матбуоти даврї ва маљмўањои дастљамъї ба табъ расидаанд.Ў њамчун мутахассиси варзида ба 3

рисолаи докторї ва як кори номзадї аз педагогика таќриз навиштааст. Бояд тазаккур дод, ки аз љониби

муассисањои марбутаи Вазорати маори-фи љумњурї таљрибаи ибратбахши му-шовирии устоди арљманди мо омўхтаву љамъбаст ва дастраси њамагон гардони-да шудааст. Теша Салоњов ташкилотчї ва љамоатчии фаъол аст. Ў узви фаъоли шўрои хадамоти давлатии назорат дар

соњаи маориф, узви комиссияи татбиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи забони давлатии Тољикистон» дар шањри Вањдат мебошад.Зањматњои чандинсола ва пурса-

мари ин фидоии соњаи маориф аз љониби давлат ва Њукумати Љумњурии Тољикистон борњо ќадрдонї шудааст. 24 августи соли 2010 бо Амри Прези-денти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ба Теша Салоњов Љоизаи Пре-зидент дар соњаи маориф дода шуд. Љоизаи олиро ба ў шахсан Президенти љумњурї дар вазъияти тантанавї су-пурд, ки ин шарафи бузургест. Теша Салоњов, инчунин, бо ун-

вони фахрии Корманди шоистаи Тољикистон, медалњои «Барои мењнати шуљоатнок», «60-солагии Ѓалаба дар Љанги Бузурги Ватании солњои 1941-1945», нишони «Аълочии маорифи Љумњурии Тољикистон», ифтихорно-маи Вазорати маорифи љумњурї сарфа-роз гардонида шудааст. Мо, шогирдон, ба ин марди хирад,

пири ањли маорифи шањри Вањдат идо-маи бобарори кор орзу карда, хоњони онем, ки њамеша рањнамо ва сарпара-сти мо бошад, чун ќандили мунаввари маърифат нурпошї намояд.

Мањбуба МУКАРРАМОВА, омўзгори мактаби №95-и ноњияи Си-

нои шањри Душанбе, Аълочии маорифи Љумњурии Тољикистон

Маърифатафрўз

Дар љараёни кор мушовирону нози-

гу

мДмдања

Page 8: Omuzgor #40

№ 40, 4 октябри соли 20138 ОМЎЗГОР НУЌТАИ НАЗАР

Он соатњое, ки ихтисор карда шуданд, барои омўзиши санъатњои бадеї ва назарияи адабиёт, инчунин, ба шоироне, ки барои омўзиши њаёту эљодиёти онњо соати кам

људо гардида буд, гузошта шудаанд.М.НАБИЕВА, муовини ректори ДТИБКСМ-и вилояти Суѓд,

М.ЮСУФОВА, мудири кабинети фанњои гуманитарии ДТИБКСМ-и вилояти Суѓд

Аз идора: Ёдовар мешавем, ки барномаи пешнињодшуда лоиња буда, такмил ва таљдиди назар мехоњад. Барои пешнињод ба муаллифон ташаккури зиёд баён карда, интизорем, ки дигар хонандагони рўзнома њам дар чунин мавридњо масъулиятро љиддї эњсос менамоянд. Дарднок он аст, ки баъзе аз муддаиёни «муќарриз» танњо дар эродгирї пешгом буда, дар асл худ чизе пешнињод карда наметавонанд.

14 июли соли 1926 Анљумани якуми муаллимони Љумњурии мухтори Тољикистон доир гашт.

Адабиётшинос тайёркунем ё адабиётдўст?

(Аввалаш дар сањ.7)

Page 9: Omuzgor #40

№ 40, 4 октябри соли 2013 9ОМЎЗГОР ТАЪЛИМ

Бањори соли 1921 дар Бухорои Шарќї 5 мактаби нав таъсис ёфт, ки дар онњо 600 нафар тањсил мекарданд.

АЗ ТАЉРИБА

Ташаккули мустаќилияти хонанда яке аз роњњои тай-ёр намудани ў барои њалли проблемањои њаётии њаррўзаи ўст. Аз ин љо дар шуури хо-нандагон ташаккул додани мустаќилият вазифаи љонии њар як омўзгор аст. Хонандаро ба мустаќил фикрронї, мустаќил хондан ва донишњосилкунї аз китобњо одат кунонида, мо ўро барои њаёти оянда хубтар тайёр менамоем. Мехоњам њамкасбон ва уму-

ман, хонандагонро ба роњњои ташаккули мустаќилияти то-либилмон дар дарсњои физика, ки дар таљрибаи бисёрсолаам истифода мекунам, шинос на-моям.Ба фикри ман, ташаккул до-

дани мустаќилияти хонандагон њангоми таълими физика асо-сан дар се лањзаи таълими ин фан бештар ба маќсад мувофиќ аст.

1.Ташаккули мустаќилияти хонандагон њангоми њалли масъалањои физикї.

2.Ташаккули мустаќилияти хонандагон њангоми гуза-ронидани корњои амалї-лабораторї.

3.Ташаккули мустаќилияти хонандагон дар лањзањои кор бо маводи таксимшаванда.Пеш аз баёни ин роњњо ќайд

намудан љоиз аст, ки ташакку-ли мустаќилият дар шуури хо-нанда на якбора, балки хеле бо оњистагї ва зина ба зина сурат гирифтанаш лозим аст.

1. Ташаккули мустаќилияти толибилмон њангоми њалли масъалањои физикї.Ташкили системаноки кори

мустаќилонаи хонандагон њангоми њалли масъалањои физикї барои фикрронї ва татбиќи донишњо ба хонан-дагон ёрии калон мерасонад. Мустаќил њал карда натавони-стани масъалањо бошад, яке аз сабабњоест, ки барои ба дасто-варии донишњои аз фанни фи-зика халал мерасонад.Ногуфта намонад, ки тайёр

намудани хонандагон барои њалли мустаќили масъалањои физикї яке аз проблемањои душвортарини омўзгорони физика аст ва аз онњо диќќати доимї ва амиќро талаб меку-над.Мо бояд хонандагонро ба-

рои њалли мустаќилонаи масъа-ла зина ба зина тайёр намоем, яъне дар оѓоз ба онњо њалли масъалањои на он ќадар душ-ворро омўзонем ва сипас, ба њалли масъалањои дузинагї ва сезинагї гузарем. Ба дониши хонанда нигоњ карда, оњиста - оњиста душвории масъалањоро зиёд намоем. Акнун чї гуна дохил на-

мудани элементњои кори мустаќилонаро дар мисоли дар-си њалли масъалањо аз мавзўи

«Фишор»-и синфи 7 дида меба-роем. Масалан, муаллим дар ин дарс чї гуна масъалањоро инти-хоб намуд:

1. Трактори тасмачарх, ки массаи 6600 кг дорад, ба сатњи замин чї ќадар фишор меова-рад, агар масоњати ба хок ра-сидаи њарду тасмаи он 1,4 м2 бошад?

2. Экскватор 25000 кг масса дорад. Агар дарозии њар як тас-мачархи он 4 м ва бари њар яки онњо 800 мм2 бошад, фишори ба хок меовардаи онро муайян намоед.

3. Санги мармарии масоњати асосаш 1,5 м2 ва баландиаш 4 м ба замин чї ќадар фишор мео-рад?

4. Бо хаткашаки оддї фи-шореро, ки чўбчаи чортароши дар наздатон буда бо тарафи хурдаш ба сатњи миз меорад, муайян кунед.Њангоми њалли масъалаи 1

хонандагон маънои масъала-ро тањлил намуда, формулаи P=F/S фишорро ба хотир мео-ранд, баъд онњо маънои физи-кии бузургињои ин формуларо дарк намуда, маълум менамо-яд, ки фишор аз тарафи ќувваи вазнинї ба амал оварда меша-вад -Ѓ=mg. Сипас, онњо фишор-ро њисоб мекунанд. Дар њалли ин намуд масъалањо хубтар аст, ки яке аз хонандагон ба назди тахтаи синф даъват шавад.Пас аз њалли якљояи масъа-

лаи 1, масъалаи 2-ро хонанда-гон бояд мустаќилона њал на-моянд, чунки он ба вуљуди каме таѓйирот ба масъалаи 1 монанд аст.Масъалаи 3 душвортар аст.

Дар ин љо масса ва зичии санг дода нашудааст. Бинобар ин, роњи њалли ин масъаларо бо ањли синф муњокима кардан лозим ва њалли онро онњо бояд мустаќилона иљро кунанд.Масъалаи 4 эксперименталї

буда, онро ба хонандагон барои њалли мустаќилона вогузоштан лозим аст. Дар айни замон њар яки онњо бояд хаткашак до-шта бошанд. Хонандагон аз рўи аломатњои беруна аз чї сохта шудани ѓўлачўбро маъ-лум менамоянд ва зичии онро аз љадвали зичињо муайян кар-да, фишори онро ба сатњи миз меёбанд. Бо њалли ин масъала хонандагон дониш ва малакаи амалї низ мегиранд.Барои бештар мустаќил бу-

дани хонандагон ба њар яки онњо додани чўбчањои алоњидаи андозањояшон гуногун бештар фоиданок аст. Бо ќадри зиёд-шавии донишу малакаи хонан-дагон оид ба њалли масъалањо, метавонем ба онњо масъалањои

душвортарро барои њалли мустаќилона супорем.Машѓулиятњои лабораторї

асосан њамчун воситаи пай-васткунии назария бо амалия ба раванди таълими физика дохил карда шудаанд. Иљрои корњои лабораторї барои ба-ланд гаштани дониш ва ма-лакаи эксперименталии хо-нандагон, бедоршавии шавќи хонандагон нисбат ба омўзиши ин фан, ташаккули фаъолият ва мустаќилияти онњо мусоидат менамояд.Дар назди корњои лабораторї

якчанд вазифа гузошта шавад

ва муаллим бояд пеш аз гуза-ронидани онњо муайян намояд, ки кори додашуда бо кадом маќсад гузаронида мешавад. Асосан корњои лаборатори-ро ба се гурўњ таќсим намудан мумкин аст:

1. Корњое, ки ба хонандагон донишу малакаи равиши амалї доштаи бунёдиро медињанд.

2. Корњое, ки дониши мала-каи чуќуртари равиши амали-доштаро медињад.

3.Корњое, ки дар хонандагон хислатњои тадќиќотиро бедор менамояд.Ба гурўњи корњои якум, аз

љумла:а) њисоб карда тавонистани

ќимати таќсимоти шкала; б) истифода бурда тавони-

стан аз асбобњои ченкунї;в) дуруст пайвастани асбобњо

ба занљири электрї;г) дуруст љамъ намуда та-

вонистани занљири электрї ва ѓайра дохил мешаванд.Ба гурўњи корњои дуюм асо-

сан корњое мансубанд, ки дар

он ягон бузургии физикї чен карда мешавад. Ба мисоли чен кардани зариби соиш, чен кар-дани тавоноии истеъмолкунан-даи барќ ва ѓайра.Ба гурўњи корњои сеюм

корњое дохил мешаванд, ки дар онњо алоќаи байни њодисањо ва бузургињои физикї барќарор карда мешаванд. Корњои зе-ринро ба ин гурўњ корњо дохил кардан мумкин аст:Вобастагии ќувваи љараён

аз шиддати нўгњои ноќил ва муќовимат ва ѓайра.Таљрибањо нишон дод, ки

бештари корњое, ки хонандагон

ѓайриќаноатбахш иљро менамо-янд, натиљаи аз тарафи хонан-дагон дарк нанамудани маънои асосии кор мебошад. Бинобар ин, муаллимро зарур аст, ки пеш аз оѓози кор кўтоњ ва возењ ба хонандагон фањмонад, ки онњо бояд чиро љустуљў намо-янд.Шарти дуюми бомуваф-

фаќият иљро намудани кор он аст, ки муаллим дар иљрои баъзе корњо ба хонандагон мустаќилияти комил дињад ва танњо бо онњо натиљањои аз иљрои кор ба даст овардаашон-ро тањлил намояд. Мушоњидањо нишон до-

данд, агар њангоми иљрои корњои лабораторї ба хонан-дагон њарчї бештар имконияти ташаббускорї ва мустаќилият дода шавад, ин барои шавќмандшавии онњо нисбат ба омўзиши ин фан ва болора-вии сатњи дониши хонандагон ёрии калон мерасонад.Дар зери мафњуми маводи

таќсимшаванда, њамаи љисмњои

физикї, ки хонандагон хосияти онњоро бояд омўзанд (асбобњо, љисмњои гуногунро, ки ба њар як хонанда дода мешавад), фањмида мешавад.Кор бо ин гуна мавод яке

аз намудњои асоситарини кори мустаќилонаи хонандагон дар раванди омўзиши фанни физи-ка ба шумор меравад. Кор бо маводњои таќсимшавандаро бо маќсадњои зерин гузаронидан мумкин аст:а) омўзиши хосиятњои ма-

води додашуда ва татбиќи онњо (мисол, сахтии он ва ѓайра);б) амиќтар намудани та-

саввурот дар бораи бузургињои физикї;в) омўзиши сохти ин ё он ас-

боби истифодашаванда;Шакли кор бо маводи

таќсимшавандаро ба чор гурўњ таќсим намудан мумкин аст:

1.Кор бо маводи таќсимшуда якљоя бо омўзиши ин ё он мавзўъ аз китоби дарсї гузаро-нида мешавад.

2. Дар њолати набудани маълумоти зарурї дар китоби дарсї ёрии љадвалњое, ки му-аллим тайёр намудааст ва дар тахтаи синф овехта мешавад, гузаронидан мумкин аст.

3.Хонандагон вазифаи дода-шударо аз рўи маълумоти дар тахтаи синф навишташуда иљро менамоянд.

4. Кор бо маводи таќсимшавандаро якбора ба-рои њамаи хонандагони синф гузаронидан мумкин аст. Яке аз хусусиятњои хуби кор бо маводњо дар он аст, ки онро дар њама лањзањои дарс истифода намудан мумкин аст. Маводро муаллим бояд пеш

аз гузаронидани кор бо хонан-дагон хеле хуб ва бодиќќат интихоб намояд. Хуб мешавад, агар муаллим дар давоми кори бисёрсолаи худ онњоро барои мавзўъњои аниќ интихоб на-мояд ва дар ќуттичањои алоњида нигоњ дорад. Акса-ри маводи таќсимшавандаро мо бо хонандагон дар мањфили «Физикони љавон» тайёр мена-моем ё ба хонандагон тайёр на-мудани онро чун вазифаи хона-гии иловагї месупорем.

Толибљон ШЕХИМОВ, омўзгори физикаи коллељи

омўзгории шањри Панљакент

Мустаќилият таконбахши фаъолият аст

Имрўзњо мо дар арафаи интихоботи Прези-денти Љумњурии Тољикистон ќарор дорем. Бояд гуфт, ки ин давра барои њар шањрванди љумњурї нињоят давраи њассос ба њисоб меравад. Аз ин њолат, њар кас ба таври худ истифода мебарад: яке воќеан дар пайи интихоби сарвари сазовор бошад, дигаре пайи ноором кардани вазъи сиё-сии кишвар њаракат мекунад. Далели ин маънї рўйдодњои ахири ваќт мебошанд, ки наметавон аз шарњи онњо худдорї кард. Бигирем, амали гурўњи нохалафонро, ки ба хотири пулу мол хиёнатро ба миллат раво дидаанд. Кас аз рафтори ин гурўњ ба њайрат меафтад: наход, онњо шири модар нахўрда бошанд? Беномусиву сустиродагии онњо аз куљо маншаъ гирифтааст? Магар ањли хонаводаи эшон то ин ваќт чизеро пайхас накардаанд? Ё онњо њам фирефтаи пулу мол шудаанд? Ба андешаи ман, тарбияи ватандўстии насли на-

врас њанўз ќонеъкунанда нест. Агар мебуд, чунин воќеањо зиёд рўй намедоданд. Мо бояд њар кадом

дар тарбияи шогирдону фарзандон ва њар узви љавони љомеа њамеша њушёр бошем. Аввалтар, оила бояд дар ин кор заминагузор бошад. Мута-ассифона, дар аксари оилањои мо худи падару мо-дарон дар назди фарзандонашон аз вазъи зиндагї норозигї карда, ба сўи давлату њукумат санги маломат мепартоянд. Сониян, роњбарони синф ва омўзгорон мебояд масъулиятро хеле љиддї эњсос намоянд. Агар тамоми дарсњоро мо дар рўњияи ватандўстї гузаронида, чорабинињои тарбияви-ро њадафрас ташкил карда тавонем ва агар худи љомеа бо мактаб таваљљуњи љиддї зоњир намояд, бовар дорам, чунин саргумињо рўй нахоњанд дод. Мо бояд њама якдилона сиёсати

сулњпарваронаю маорифпарваронаи Сарвари давлатро дастгирї карда, пайи тинљиву амонї ва ободии кишвар кўшиш намоем.

Идигул АЮБОВА, омўзгори мактаби

раќами 8-и шањри Душанбе

ДАСТГИРЇ

Ватандўстиро таќвият бубахшем

Page 10: Omuzgor #40

№ 40, 4 октябри соли 201310 ОМЎЗГОР СИМО

Соли тањсили 1923-1924 дар Кўлоб, Ѓарм, Душанбе яктої интернат кушода шуд, ки дар онњо 92 нафар дарс мехонданд.

ФАЪОЛИЯТ СЕМИНАР

ИФТИХОРИ ИСТАРАВШАН

Ифтихормандем, ки аз даврањои ќадим то имрўз дар шањри азизи мо – Истаравша-ни бостонї садњо нафар шоиру нависанда зиндагї ва эљод намудаанд, дањњо нафар олим дар пешбурди илми љумњурї њисса

гузоштаанд, теъдоди зиёди омўзгорон бо унвону нишонњо сарфароз гардонида шу-даанд. Мактаби тањсилоти миёнаи умумии №1

ба номи А.М.Горкийи шањри Истаравшан яке аз муассисањои таълимии пешќадам ва соњибобрўи љумњурї мањсуб меёбад, ки дар ибтидои солњои дањуми ќарни гузашта (1915–1918) ба фаъолият шурўъ карда буд ва то ин дам бо устодони воломаќому соњибхирад ва омўзгорони пуртаљрибаю соњибкасб, бо толибилмони соњибмаърифату шогирдони шўњратёраш боиси ифтихори њамагон гар-дидааст. Бо овардани исми шарифи устодон ва шогирдони соњибхирад рўи авроќ касро эњсоси хосае фаро мегирад. Устод Муњаммадї Орифов аз зумраи

омўзгорон ва љонфидоёни соњаи маориф, њам шогирд ва њам устоди ин боргоњи маъ-рифат мебошад, ки бо зањмати бесобиќаи хеш садњо нафар шогирдонро тарбия намуда, ба камол расонидааст. Ў зиёда аз ним аср умри хешро ба рушди соњаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст. Муњаммадї Орифов аз соли 1978 то соли 1997 дар дабистони №1 чун, сарвари оќилу доно, фаъолият намудааст. Ин шахси ќавиирода то он даме ки сало-мат буд, њамарўза сўи дабистон рањсипор мегашт, то асрори табиат, њодисањои табиї, вазъи иќлими сайёра, љойгиршавии ќитъаву материкњо, шањру давлатњо, кўњу биёбонњо, кўлу дарёњо ва ќонуниятњои

онњоро тавассути фанни география ба шо-гирдон омўзонад. Муњаммадї Орифов њамчун сарвари

ботаљриба барои тайёр кардани кадрњо дар соњањои гуногуни хољагии халќ њиссаи босазо гузоштааст. Дар давраи роњбарии ў шогирдони мактаб борњо ѓолиби озмунњои фаннї дар вилоят ва љумњурї, њамчунин, ѓолиби озмунњои умумииттифоќии њарбї–ватандўстї гардидаанд. Шогирдони ин дабистон барои иштирок дар озмуни «Шоњномахонї» ба Љумњурии Исломии Эрон сафар карда, сазовори љойњои намо-ён шудаанд.Ў дар вазифаи сарвари мактаб 19 сол

фаъолият дошт. Тўли ин солњо дар байни омўзгорон фазои самимии њамдигарфањмї ва ањлона мењнат кардан ба вуљуд омада,

таълиму тарбия бо сифати баланд љараён гирифт. Мактаби №1 се дафъа сазовори љойи аввал дар вилоят гашт.Муњаммадї Орифов солњои 1985–1995

депутати шўрои вилоятї интихоб гардида, корњои назаррасеро анљом додааст. Мањз ба шарофати соњибистиќлолии кишвари мањбубамон ва ташаббусу кўшишњои пай-вастаи ў чун намояндаи халќ дар шўрои вилоятї ва директори кордон соли 1993 бинои нави мактаби миёнаи №1 барои 1624 нафар хонанда сохта ба истифода дода шуд, ки њоло дар он зиёда аз 2200 нафар толибилм тањсил мекунанд.Инак, бинои нави мактаби №1, ки

дар даврони соњибистиќлолии кишва-ри мањбубамон сохта ба истифода дода шудааст, 20–сола шуд, вале худи мактаб умри якасра дорад, ки маъруф бо устодо-ну шогирдон ва ободиву комёбињост. 20 соли пур аз фарању шодї, 20 соли пур аз комёбињои илмиву варзишї, 20 соли пур аз музаффариятњои касбї, 20 соли љўяндагиву комронї, 20 соли пур аз фатњу зафарњо ва 20 соли ободонї. Аз солњои аввали ба ис-тифода супоридани бинои нави мактаб, ки роњбариашро М.Орифов ба ўњда дошт, на-вигариву дигаргунињои зиёде рўи кор ома-данд. Имрўз муњассилини он бо ифтихори махсус иброз медоранд, ки хонанда ё хат-мкунандаи ин мактаби бонуфуз њастанд.

Орифов БАЊРОМ, мутахассиси шуъбаи маорифи шањри

Истаравшан

Мактаби даврони истиќлол

Хусусан, дар бораи маќому манзала-ти омўзгор, чењрањои шинохтаи соњаи маорифи шањри Роѓун ќиссањо мекунанд. Дар давоми суњбат њамаваќт дар бораи хислатњои нек, ахлоќи њамида ва мањорати касбии Муаллими хизматнишондодаи мактабњои Љумњурии Тољикистон устод Ќурбон Њалимов, ки 51 соли умри бобара-кати худро ба таълиму тарбияи насли на-врас бахшида, то имрўз њамчун пири хирад ва донандаи хуби илмњои табиатшиносї маъруфанд, ёдовар мешаванд. Зиндагї, фаъолияти омўзгорї,

муњаббат ба касби муаллимї, серталабї, масъулиятшиносї, принсипнокї ва эњтироми шахсияти шогирдон аз сифатњои хоси Ќ.Њалимов буда, барои омўзгорони љавон намунаи ибрат аст.Ќурбон Њалимов 2-юми августи соли

1938 дар ноњияи Ховалинг таваллуд ёф-тааст. Дар синни яксолагияш, яъне, соли 1939 падари мењрубонашро ба љанги Фин-ляндия мебаранд ва дар синни сесолагї аз модари мењрубонаш бенасиб мегардад. Таѓояш Ќурбони хурдакакро ба шањри Сталинобод (њоло шањри Душанбе) бурда, ба хонаи кўдакон месупорад.

Њарчанд Ќурбони наврас дар бораи па-дари шањидаш маълумоти кофї надошт, хонаи кўдаконро хонаи гарми волидон медонист. Ў њангоми дар хонаи кўдакони «Лесная школа»-и ноњияи Њисор тарбия гирифтанаш аз Комиссариати њарбии ноњия дар линейкаи пагоњирузї омада, хатти сиёњи падарашро ќироат наму-да, аз корнамоињои ў дар Љанги Бузурги Ватанї наќл карданд. Аз наќли онњо маъ-лум гардид, ки падараш аз сарбози ќаторї то рутбаи подполковникї расида, соли 1945 дар љанги «Манљурия», ки ба он маршал Г.К.Жуков роњбарї мекард њалок гар-дидааст.Ќурбон Њалимов соли

1957 ба Институти педаго-гии шањри Кўлоб (ба факул-тети физика-математика) њуљљатњояшро супорида, имтињонњои дохилшавиро бо бањои аъло месупорад. Бинобар сабаби баста шудани Институти педагогии Кўлоб курси панљумро дар Ин-ститути педагогии шањри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (њоло ДДОТ ба номи Са-дриддин Айнї) соли 1962 хатм мекунад.Ўро њамчун хатмкунандаи аълохон дар

донишкада хостанд нигоњ доранд, аммо ў ба мактаб рафт. Бо роњхати Вазорати мао-риф соли 1962 ўро ба ноњияи Файзобод фи-ристоданд, аз он љо ба шањраки Обигарм ба мактаби тањсилоти миёнаи умумии №21 ба номи А.Лоњутї фиристода, дар онљо то имрўз фаъолияти омўзгориашро давом дода истодааст.

Мењнати фидокоронаи Ќурбон Њалимов аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон ќадршиносї карда шуда, мукофотњои зе-ринро ба ў лоиќ донистанд:

- Соли 1987 бо унвони фахрии «Муал-лими хизматнишондодаи мактабњои РСС Тољикистон», соли 1970 бо медали барои «Мењнати шоиста», соли 1975 бо медали «Ѓолиби мусобиќањои сотсиалистї».

Устод Ќурбон Њалимов дар баробари омўзгори варзида, мураббии омўзгорони љавон бу-дан, инчунин, падари мењрубон, ѓамхор ва дар айни њол серта-лаб, сахтгир низ њастанд. Панљ нафар фарзандонро ба воя ра-сонида, соњиби маълумоти олї ва миёнаи касбї намуда, ба шоњроњи зиндагї њидоят на-муда, дуои падарона додаанд. Аз љумла, Шањло омўзишгоњи тиббї, Суњайлї Донишкадаи савдо, Фузайл Донишгоњи

аграрї ва Љамолиддин факултети механика-математикаи Донишгоњи миллиро хатм на-муда, пайрави касбї падар шуданд.Њамсари устод низ хатмкардаи ДДОТ

ба номи Садриддин Айнї буда, аз фанни забон ва адабиёти тољик дарс мегўянд.Таманнои онро дорем, ки устод умри

саъдиёна бубинанд ва њамеша дар њалќаи фарзандон, дўстон ва шогирдонаш сарфа-роз бошанд.

Абдулбоќї НУРОВ, доктори илмњои педагогї, профессори

ДДОТ ба номи Садриддин Айнї

Сарбаланду иродатманд

Хусусан, дар бораи маќому манзала-

дхм«гнхдВлс

Дар робита ба мавзўи «Поксозии башардўстонаи минањо дар Тољикистон: рў ба сўи анљом» дар мењмонхонаи «Серена»-и шањри Душанбе семинари дурўзаи коршиносони ватанию хориљї, масъулини вазоратињои зиддахл, сафоратњои кишварњои хориљии муќими Тољикистон, намояндагони САЊА, Иттињоди Аврупо, ИМА ва Љамъияти Салиби Сурхи байналмилалї ва дигар донорњо баргузор гардид.

Тайи ду рўз иштирокчиёни семинар ба он ноил шуданд, ки барномаи махсу-серо аз љониби ташкилоту муассисањои њамоњангсози дохилию хориљї роњандозї намоянд. Њадафи нињоии бар-нома муваффаќ шудан ба поккории пур-раи минањо дар сарњадоти Тољикистону Афѓонистон, минтаќањои сарњадии киш-варамон бо дигар мамолики њаммарз то аввалњои моњи апрели соли 2020 бо ис-тифода аз стандартњои љањонии безарар-гардонии минањост.Њоло дар Тољикистон 300 дења дар

25 ноњия, аз љумла, 7 ноњия дар сарњади Тољикистону Ўзбекистон, 5 ноњияи водии Рашт, 18 ноњия дар сарњади Тољикистон бо Афѓонистон, 290 мактаби дурдаст дар минтаќањои зери хатари мина мављуданд. Дар муддати фаъолияти Маркази

Тољикистон оид ба безараргардонии минањо 853814 сокини минтаќањои зери хатари мина ва дигар муњимоти тар-канда омўзонда шудаанд, ки 70 дарсади онњо занону кўдаконанд. 16 мактаб бо майдончањои варзишї таъмин ва 538 на-фар омўзгор ба омўзишњо фаро гирифта шудаанд.

С.ИСКАНДАРОВ,«Омўзгор»

Минањо хатарзоанд!

ЁДИ ОН РЎЗЊО

Солњои тањсили 1969-1970 мо хатмкунан-дагони мактаби №66-и ноњияи Љалолиддини Румї будем. Ба тањсил муносибати нињоят самимї ва љиддї доштем. Мактаби номбур-да сезабона буда, дар байни мактабњои дига-ри ноњия аз њама љињат пешсаф буд.Худи њамон сол бо роњхати Вазорати

маориф ба мактаби мо мутахассисони љавон Дастам Мањкамов, Рањмиддин Давлатов, Абдувалї Рањимов пас аз хатми омўзишгоњи педагогии Ѓарм ба кор ома-данд. Аз сабаби мављуд на-будани хонањои истиќоматї онњоро дар як бинои назди мактаб бо манзили зист таъмин намуданд.Мањкамов Дастам љаво-

ни дорои сифатњои балан-ди одамї ва ташкилотчигї буда, ба зудї дар байни коллективи омўзгорону хо-нандагон обрў пайдо кард. Ў дар мактаб дар ду баст кор мекард, пас аз анљоми кор ба мањфили волейболбозон тамрин дода, дастаи њаваскоронро бо оњангнавозї ва сурудхонї машѓул менамуд ва шабона то беваќтї ба хоњишмандон машќи нозукињои боксро меомўхт. Мо мусофир ва дур аз падару модар ва

зодгоњ будани муаллимони љавонро дарк на-муда, навбати ба онњо хўроки шаб тайёр карда оварданро дар байнамон таќсим кардем. Бояд гўям, ки Дастам Мањкамов нињоят усули хуби корї ва љазодињї доштанд. Хонандагоне, ки аз дарсњо бањои ду гирифта бошанд, ё бесабаб ба дарс наомада бошанд, аз синфхона мерон-данд. Њамеша таъкид мекарданд, ки ман бо ин гунањо кору фаъолият кардан намехоњам.Ин тадбир ба мо нињоят таъсири сахт дошт ва кўшиш мекардем, ки ба дарсњо дуруст омода гардем ва њодисае рўй надињад, ки аз мањфилњо мањрум монем.Бо тамоми њастї рўз аз рўз бо он кас

одат мекардем ва дар ќалбамон нисбат ба ў муњаббати шогирдона меафзуд. Лекин афсўс, ки моњи ноябри соли 1970 бар хилофи хости мо ўро ба хизмати аскарї даъват карданд. Мо як гурўњ шогирдон њамон сол мактабро

хатм карда, ба донишгоњу донишкадањо до-хил шудему дигар дар бораи устод маълумо-те надоштем.Соли 2011 ба коллељи техникии ДТТ ба

номи Осимї ба кор омадам ва маро мудири кафедраи фанни «Физика» таъин карданд. Рўзе дар дањлез истода будам, ки як одами чењракушоди сафедмўй дохили бино гардид. Пас аз 41сол бо њам вохўрдем…Д.Мањкамов њоло дар Пажўњишгоњи

рушди маориф вазифаи мудири шуъбаи тањсилоти ибтидої ва миёнаи касбиро ба дўш доранду њамзамон дар коллељи техникии ДТТ ба номи Осимї њамчун њамкор фаъоли-ят менамоянд. Моњи январи соли 2013 маро декани факултети «Энергетика ва телеком-муникатсия» таъин карданд. Насиб будааст, ки боз ба дидори устодам Дастам Мањкамов мушарраф гардидам ва дар якљоягї бо кори омўзгорї пардохтаем.Одати устодам Мањкамовро хуб медо-

нам, ки баробари садои занг бе кашолкорї ба дарс медароянд ва омўзгороне, ки ба кашолкорї роњ медињанд, онњоро эњтиром наменамояд.Аз тарафи дигар, омадани эшонро ба

коллељ устодон њам интизоранд ва мехоњанд, ки њамеша дар мањфили он кас бошанд ва ѓизои маънавї гиранд. Хусусияти бењтарини устод дар хоксорї, хушрафторї ва хушгуф-тории он кас зоњир мегардад.

Акаљон БОБИЕВ, декани факултети энергетика ва

телекоммуникатсияи коллељи техникии ДТТ ба номи М.Осимї

Хаёлоти ширин ва даргузари љавонї

Page 11: Omuzgor #40

№ 40, 4 октябри соли 2013 11ОМЎЗГОР ТАЉРИБА

Соли 1923 дар Хоруѓ шўъбаи маорифи халќ таъсис ёфт, ки њамзамон вазифаи мактабро ба уњда дошт.

ЛАВЊА

Ваќте дар иртибот гардид, овози шиносу самимии набера-аш Муњаммад ба дилаш фарању неруи тоза бахшид. Пас аз њолу ањволпурсї ва огањї ёфтан аз сињатии ањли хонадон Муњаммад бо хабаре ѓайримунтазир хотири болидаи боборо болидатар гар-донд, Бино ба наќли пурњаяљони наберааш, ба наздикї вай, ки дар курси чоруми Донишгоњи тиббии шањри Харков тањсилро сарфа-розона идома дода истодааст, дар мусобиќаи варзишии байни донишљўёни макотиби олии он шањр дар гўштии тарзи самбо пирўзї ба даст овардааст ва ба гирифтани Љоми Вазорати мао-рифи Украина сарфароз гарди-дааст. Акаи Муртазо то хеле

ваќт аз натиљањои тањсил ва дастовардњои наберааш Муњаммади Ризо пурсон гардида, аз кору бор ва фаъолияти чашм-раси вай хушхолу саодатманд, њатто, ашки суруромези дидаго-нашро пайхас накард, ки чї тавр мерезанд.

- Набераи баору номуси бобо, - дар лаб нидои тањсин гуфт акаи Муртазо ва ба гунаи зуд ин пайки хушро хост, ки ба њамсараш би-расонад.

- «Шери бобо», - зери лаб пичиррос мезад вай...

Ноњияи Панљ ин гўштингирро нек дар ёд дорад Муртазои љавон шабењи на-

берааш Муњаммад њанўз дав-

рони донишљўи Донишгоњи омўзгорї буданаш бо пайкару њайати пањлавонона, дасту бо-зуи баќуввату чандир ва ирода-ти ќавї дар љумла мусобиќоти варзишї ширкат мекард. Вай гўштингир буд. Дар навъи гўштини миллї бесобиќаву бењамто њисоб меёфт. Дар чорабинињои вижаи донишгоњ њангоми ќувваозмої дар ин на-муди гўштин њамеша дастболо ва пирўз мегардид. Вай бад-ин гуна на танњо дар мусобиќоти гўштин дар донишгоњ, балки чамоату минтаќа ва ноњияи Панљи зодгоњаш бо саъйи та-мом омодагї дида, иштирок ме-кард. Лањзаеро барои як умр дар ёд дорад. Дар маркази ноњияи Панљ чорабинии варзишї оид ба гўштини миллї баргузор гардид. Дар он пањлавонон аз шањру навоњии дуру наздики минтаќањои Њисор, вилоятњои Суѓду ВМБК, Хатлон ва Ќаротегин ва њатто љумњурињои њамсоя неруву тавони худро месанљиданд, Муртазо дар ин сабќат пайи њам њафт нафарро пушт бар замин хобонд. Дар байни он 7 тан чанд гўштингири маъруфу номдори он замон низ буданд. Дар мусобиќаи маз-кур гўштингири ќафќозитабор, Устоди варзиши собиќ Иттињоди Шўравї бо исми Ма-гомед њамаи њарифонро маѓлуб намуда, бо тафохур дар майдон давр зада, њарифи навбатиро ба ќувваозмої даъват мекард, вале дигар нафаре бо ў бањри

панља нарм кардан» ба пайдо намеомад. Дар њамин њол, акаи Муртазо, ки он ваќт њамагї 22 сол дошт, ба давра баромад. Часпу талош ва мубориза шид-дат мегирифт. Оќибат Муртазо ба байни пойњои њариф њалуки ногањонї андохта, ўро бардош-та ба замин зад.

- Њалол, њалол, - якбора нидои тањсинбарангези тамошобинон баланд гардид.Магомед аз љой бархесту

хиљолатомез ва њайрон-њайрон ба Муртазо нигарист. Њарфи зиё-датие бар забон наовард. Пасон тамоми туњфаю њадяи аз пирўзї ба даст овардаашро оварда пеши Муртазо гузошту њар ду дасташ-ро ба боло бардошта, пањлавони љавонро оѓўш кашида, мардона-вор табрик намуд:

- Њалолатон бод, додар. Ѓолиби њаќиќї шумоед, - гуфта майдонро тарк намуд. Котиби аввали њизбии ноњияи

Панљ Тошмат Маллаев ўро ба ин ѓалабаи воќеан њам бузург тањният гуфта, хоњиш кард, ки баъди хатми донишгоњ њатман барои кор ба ноњия омада, ба љавонони лаёќатманд нозукињои ин намуди варзишро омўзонад ва шуњрату нуфузи ноњияро дар љумњурї баланд бардорад.Ёдкарди устодон ва шогирдон

(ё ќиссаи ба ВДНХ, ба шањри Маскав рафтани Муртазо Ну-руллоев) Замоне, ки акаи Мурта-

зо ба њайси омўзгори фанни тарбияи љисмонии мактаби

№12-и зодгоњаш кор мекард, бо мањорат ва истеъдоди нодири хеш шуњратманд гардида буд. Соли 1970 ба тавсияи кабинети методии назди Вазорати маори-фи кишвар барои муваффаќияту дастовардњояш дар пеш-бурди соњаи варзиши ноњия М.Нуруллоев њамчун ѓолиб бањри иштирок ба Намоишгоњи комёбињои хољагии халќи Иттињоди Шўравї, ба Маскав фиристода шуд.

- Ваќте ба Маскав расида, ќатори дигарон ба Намоишгоњ ворид гардидам, - хандида њикоят мекунад акаи Муртазо, намоян-даи ВДНХ аз ман пурсон гардид, ки касбу пешаат чист?

- Омўзгор, - љавоб додам ман.- Аз кадом фан дарс мегўї?- Аз тарбияи љисмонї.- Ё тавба, - китф дарњам

кашид бонуи рус. Ба ин љо

доиман муаллимони фанни фи-зика, химия ё биология меома-данд. Бори аввал мебинам, ки омўзгори тарбияи љисмонї њам дар Намоишгоњ иштирок кунад...Оре, боварии касе намеомад,

ки дар ин бобат (махсусан, на-муди гўштини миллї) ба чї комёбињои чашмгире соњиб гар-дида буд, акаи Муртазо. Назокату малака ва мањорати

гўштинро М.Нуруллоев ба тасдиќи худаш, аз устодонаш Ѓоиб Шарифов, Ѓиёс Ќаюмов, Султон Наботов омўхтааст. Дар фаъолияти омўзгорї бошад, му-аллими тарбияи љисмонии дења Ѓанї Бековро М.Нуруллоев му-раббию рањнамои худ мењисобад.

«Дил нахоњам канд...» Муртазо Нуруллоев то

солњои наздик њамвора бо мак-таби бачагонаи варзишии ноњияи Панљ њамкории босамар дошт. Вай њамчун Устоди варзиши дараљаи љумњуриявї ба шогир-дони мактаби варзишї љузъиёту нозукињои гўштинро меомўзонд. М.Нуруллоев алњол давлати пирї меронад. Хизматњои ў бо нишони «Аълочии фарњанги Тољикистон» ва ифтихорномањои ноњиявию љумњуриявї ќадр карда шудаанд.

- Њанўз њам, њар гоњ ба мактабњои ноњияи Панљ даъва-там мекунанд, - мегўяд акаи Мур-тазо, – љавононро панд медињам:

- Номбардори баномуси Вата-ну миллати хеш бошед, - мегўям њамеша ба онњо.Инак, акаи Муртазо ба синни

мубораки 70 ќадам мегузорад.Табрику шодбошаш мегўем.

Њамеша тансињату банерў ва дар њалќаи фарзандону шогирдон сарфароз бошед, устод!

Шодї РАЉАБЗОД,«Омўзгор,

Муслим ШАРИФЗОДА, рўзноманигор

Устоди њирфаии варзиш(Сухан аз зиндагї ва фаъолияти шоистаи як нафар фидоии варзиш ва фарњанг)

Масъалаи омодагии кўдак ба мактаб имрўзњо, пеш аз њам, њамчун масъалаи психологї баррасї мегардад. Дикќати асосї бояд ба дараљаи инкишоф ва ихтиёрї будани равандњои равонии кўдак равона гардад. Муайян шудааст, ки танњо омо-дагии зењнии кўдак ба мактаб бомуваффаќият ворид гашта-ни ўро ба фаъолияти таълимї таъмин намесозад. Бо вуљуди ин, диќќати асосї дар амалияи кор бо кўдакони синни кало-ни томактабї мањз ба омўзиш равона карда мешавад. Дар хонандагони аввалин мароти-ба ба мактаб омада сифатњои донишазхудкунї худ ба худ, бо инкишоф ёф-тани малакањои аќлї ташаккул намеёбанд. Њатто, кўдакони аз љињати зењнї ба мактаб хуб омодагашта аксаран бад менависанд, ќоидањои дафтардорї ва кор бо маводи ди-дактикиро иљро намекунанд ва як ќатор душворињои дигари таълимї доранд. Албатта, давраи томактабии кўдакї яке аз

даврањои муњимтарин дар њаёти кўдак мањсуб меёбад. Суръати нињоят баланди инкишофи равонї ва љисмонї дар ин давра ба кўдак им-кон медињанд, дар муддати кўтоњ, аз мављудоти ољизе ба инсоне табдил ёбад, ки тамоми оѓозњои

маданияти инсониро соњиб аст. Дар ин роњ ў танњо нест. Калонсолон - волидон, мураббињо шахсонеанд, ки бояд ба кўдак њамеша дар фаъолиятњояш њамроњї кунанд. Њамкории оќилонаи калонсолон дар раванди тарбияи кўдак барои ба њадди аќал дар амал татбиќ гаштани имкониятњои ў мусоидат намуда, им-кон медињад, ки дар раванди инкишофи равонї душворињо бомуваффаќият бартарф шаванд. Синни калони томактабї гузаришро ба давраи

навбатии нињоят муњим дар њаёти кўдак - давраи мактабхонї дар пай дорад. Аз ин рў, омодасозї ба мактаб њангоми кор бо кўдакони 6 - 7 сола мавќеи асо-сиро ишѓол мекунад. Таљрибањо нишон медињад, ки кўдакони дар боѓча тарбиягирифта нисбат ба кўдаконе, ки аз оила меоянд, бештар барои таълим дар мактаб омодаанд. Ташкил намудани Марказњои

рушди кўдак низ барои омода намудани кўдакон ба мактаб наќши муассир мебозанд.Хулоса, дар ин самт вазъи-

ят нињоят мураккаб аст. Аз ин лињоз, мусаллањ намудани му-

раббиён, омўзгорон ва волидон бо донишњои педагогї-психологї оид ба омода намудани кўдакон ба мактаб, роњњои муайян намуда-ни дараљаи омодагии онњо ба мактаб барои њалли ин душворињо мусоидат хоњанд кард. Бањри самаранок сурат гирифтани раванди таълиму тарбия њамкорињои судманди оила ва муассисањои таълимї бањри бењбудї бах-шидан ба тарбияи насли наврас зарур аст.

Латофат НОЗИМОВА,мураббии ширхоргоњ- кўдакистони №112-и

ноњияи Сино

ДУНЁИ КЎДАКОН СОЗАНДАГЇ

Омодагии зењнии кўдаконБинои мактаби тањсилоти миёнаи

умумии №45-и дењаи Алмосї беш аз 50 сол ќабл аз ин бунёд шуда буд. Пас аз пош хўрдани ин давлати

абарќудрат, шояд аз костагии зиндагї бошад, ки бисёре аз омўзгорон тарки кас-би омўзгорї карданд. Аз тарафи дигар, нокифоягии мизу курсї, таъмирталаб гашатани бино, суст гардидани давомо-ти хонандагон, норасидани омўзгорони фаннї ва воситањои аёниву дидактикї, таълимии техникї, аз љумла компютер, ба масъалањои њалталаби таълимгоњ табдил ёфта, аз бепарвоиву беэътиноии мардуми дења ба ояндаи фарзандони хеш

бараъло њис карда мешуд. Ин вазъиятро дида, яке айбро ба роњбарони мактаб, дигаре ба шароит, сеюмї ба падару мо-дарон ва чорумин бошад ба гардани худи хонандагон бор мекарданд. Хулоса, аз як нигоњи аввал бинанда њис мекард, ки сатњи таълиму тарбия дар ин таълимгоњ кайњост, ки коста гардидааст. Вазъи таълимгоњ, маќомоти худидо-

раи дењот, шуъбаи маориф ва маќомоти иљроияи мањалии њокимияти давлатии ноњияро сахт ба ташвиш овард. Бино-бар ин, шуъбаи маориф ва маќомоти худидораи дењоти Алмосї пас аз омўхтани вазъи таълимгоњ зарур дони-станд, ки Миртољ Юнусовро директори таълимгоњ таъин намоянд. Пурра кардани сафи коллективи

омўзгорони мактаб, ѓанї намудани ба-заи моддї-таълимии мактаб, љалби пур-раи хонандагон ба таълим, фароњамории шароити мусоиди таълиму тарбия ва дигар масъалањо директори мактабро ором намегузашт. Бо ташаббуси ў дар мактаб 80 адад дарахтони сояафкан,100 адад дарахтони мевадињанда ва 130 адад рустанињои ороишї шинонида шуд.Тав-

ре ки њамкорон мегўянд, М.Юнусов кор-ро аз рўзи аввал аз таъмини мактаб бо кадрњо оѓоз намуда, сараввал ба хонаи омўзгороне, ки дониши хубу малакаи ба-ланди омўзгорї доштанд ва бо сабабњои пасти маош ва танќисии зиндагї тар-ки касб карда буданд, мењмон шуд. Бо онњо бо самимият гуфтугў намуд ва розї кунонд, ки аќаллан ду-се рўз ба кори омўзгори машѓул шаванд. Ба њар даре, ки Миртољ Юнусов

бо ин ният медаромад, ўро хуш мепа-зируфтанд. Инак, дар 10-12 рўз сафи омўзгорони мактаб пурра гашт ва ло-зим омад, ки ба њалли масъалаи љалби пурраи кўдакону наврасон ва махсусан духтарон ба мактаб оѓоз намояд. Са-

раввал, маљлиси комитети падару мода-рони мактабро бо намояндагони фаъо-ли дењаи Алмосї даъват намуд. Сипас бо маърўзае ваколатњои волидайнро нисбати таълиму тарбияи фарзанд ва њамкории онњо бо мактаб таъкид сохт. Шояд аз самимият бошад, ки таклифу пешнињодњои директори мактаб оид ба тайёр кардану ба мактаб фиристодани кўдакон ва наврасон аз масофаи 4-5 км. бо найчањои пластмасї овардани оби нўшокии чашма ба мактаб, бо кўмаку дастгирии маблаѓи шахсони саховатпе-шаи дења таъмир кардани синфхонањо, кабинетњо ва айвонњои таълимгоњ аз та-рафи олињимматони љамоа њамољониба дастгирї ёфт. Дар андак муддат мазмуну

мундариљаи кори таълиму тарбия дар мактаб ранги тоза гирифта, он ба даргоњи муќаддас табдил ёфт. Акнун падару модарон њар њафта ба мактаб меомаданд.

Фатњуллоњ КАРОМАТЗОДА, омўзгори калони кафедраи

тањсилоти ибтидої ва касбии ДЉТИБКСМ

Аќлњоро аќлњо ёрї дињад

Page 12: Omuzgor #40

№ 40, 4 октябри соли 201312 ОМЎЗГОР МАЪРИФАТ

ЊАМОИШ

Дар Бухорои Шарќї то ташкили Љумњурии мухтори Тољикистон се хонаи бачагон ва се мактаб амал мекарданд, ки 152 хонанда доштанд.

Оќибат кадбону ба дод омад: «Ин чї бедодист, ки шумо ба ањли оилаи худ раво меби-нед?- чашм ба чашми њамсараш дўхта буд ў,- Њаёти ман њамчун як канизи бењуќуќ дар миёни чордевори ин хона хазон шуд. Ба хотири насињатњои мода-рам, ки мегуфт: «Ман чор фар-занди ятимро бо рўзи бевагї калон кардам. Ту њам мехоњї, ки духтару писараконат аз ди-гарон кам ба воя расанд? Ба хо-тири њамонњо тоќат кун. Охир, шавњарат марди ёбанда аст, хонаю дари обод доред. Њамин барои як зан кифоят нест магар? Худат фикр кун, агар аз ў људо шавї, ман имкони ќабул карда-ни кўдакони туро надорам. Ба-родаронат соњиби зану фарзанд шудаанд…»- дар ин ќафаси зарин чун тўтии аз суханмон-да зиндагї кардам. Шумо на танњо маро, зани никоњиатон њастам, балки панљ фарзан-ди аз пушти камари худатон рўйидаро њам ба ќайди хона надаровардед. Медонам, шумо фикр мекунед, ки агар мо, зану фарзандонатон, дар ќайди ман-зил бошем, забондароз мешаве-му нофармонї мекунем.»Аљаб, ки Мањтоб чун

њарваќта оби дида намекард, балки аз дидагонаш дастаи оташ мерехт. Мард бо тамас-хур ба зављааш менигарист. Бо ин тарзи нигоњ гўиё мегуфт: «Боз чї гуфтан мехоњї? Модом ки дилат ин ќадар мадда карда будааст, кафондан гир.»Мањтоб лаб бастанї набуд.

Овозашро як парда баланд бар-дошт ў: «Мана, нињоят љабри нав оѓоз кардед. Акнун духта-ратонро аз тањсил мањрум кар-да истодаед. Бо њар ду гўшатон шунида монед, ки ман ба ин роњ намедињам! Намехоњам, ки ин духтари бечора њанўз ба чордањ надаромада зиндадаргўр ша-вад! Намемонам, ки ќисмати ман дар њаёти духтарам такрор ёбад! Бигзор, Саодат хонад, аќаллан соњиби номаи камол шавад. Њељ кас њаќ надорад, ки њуќуќи тањсилро аз дасти ў ги-рад!»Љанљоли зану шавњар то дер

давом кард.Имшаб барои

Сафармуњаммад бистараш гўиё аз хори маѓелон густар-да шуда буд. Ин чї гап? Ин зани мўдарози кўтањаќл чињо мегўяд? Ў аз куљо дар бораи ќонунњои амалкунандаи бай-налмилалию Тољикистон ха-бар дорад? Падарќусур, њатто, бо овардани ояњое аз Ќуръони маљид ва њадисњое аз Расули Акрам (с) ба забонам банд ан-дохт. Мегўяд: «Шумо дар бан-ди хурофотед, аз асли Исломи азимушшаън хабар надоред. Њамон маслињатгаратон Њољї Мавлавї боре њам нагуфт, ки

ба њар як мусалмон, чи мард бошаду чи зан, омўхтани илму андўхтани дониш њам фарзу њам суннат аст. Чун Њазрати Муњаммад (с) њадс задаанд: «Аз гоњвора то гўр дониш омўз.»Ман ба хотири мењру

муњаббати заношўйї, пос до-штани урфу одати миллї то имрўз тамоми зањру заќуми шуморо тањаммул кардам. Ва-гарна аз телевизион, аз радио, аз газетањо андак-андак њуќуќи худро омўхтаам. Охир, мода-ри ман бо вуљуди душворињои рўзгор маро аз мактаб мањрум накарда буд. Шукр, хат дорам, савод дорам, сафедию сёњии рўзгорро фарќ мекунам.Дониста бошед, агар мин-

баъд садди роњи тањсили духтар мешавед, ќасам ба номи фарзан-

дон, ба по мехезам ва ба додгоњ мекашаматон! Шумо гумон накунед, ки ман паршикаставу бепушту паноње њастам. Ме-равам ба Вазорати маориф, ба Кумитаи занон. Маслињату ёрї мепурсам. Шунидам, ки онњо њуќуќшинос њам доранд…»Сафармуњаммад воќеан ба

дарёи фикру хаёл фурў рафта буд. Тавба, ин зан-ку аз таги дарвоза берун пой намемо-над, аз куљо ин њама донишу фањмиш? Оњанги суханонашро намегўйї? Гўё дарси махсуси гапзанї гирифта бошад. Уфф…

Мардак мехост бо як зарба дањони бефаровези модари бачањоро бандад, ки занак паст наомад:

«Дастатонро фароред, ки бо ин зўрї миёни худатонро меши-канед! Коса, ки пур шудааст, ба он боз чї мерезед?»

«Ту дар њузури фарзандон ин њама носазоро мегўйї, ки маро беобрўву беќадр гардонї?»- марди хона гилаи бамаврид кард.

«Хотирљамъ бошед, Саода-тро аммааш бо худ бурд, то дар пухтупаз барояш мадад кунад, ки ба шарофати диплом гириф-тани љиянатон зиёфат медода-анд,- оњанги гуфтори Мањтоб андаке бўйи тамасхур мекард,- аммо писарњо дар хонаанд. Бигзор, аз мољарои мо огоњ

бошанд, то дар зењнашон љой кунанд, ки онњо аз апаашон њељ бартарие надоранд. Ман барои ба дунё овардани онњову Сао-дат баробар чордард кашида-ам! Бигзор, ба зиндагї омода шаванд ва дар оянда ба мисли падарашон дар њаќќи зану фар-зандони хеш љабр накунанд!»Ёбу гир. Њмм… Занак боз

мегуфт: «Сар миёни ду каф монеду хуб андеша кунед, па-дараш. Замона дигар шудааст. Гўши гапшунаве ёфт мешавад. Агар мурољиат кунам, тамоми њуќуќи поймолшудаи худро

барќарор месозам. Ин хона-ву дар, ки баъди никоњи ману шумо бунёд шудааст, моли муштараки ману шумост. Ба он духтару писарони мо њам њаќдоранд! Чї хел номаъќул кардаам? «Сарфаи сари оташ-дон – савдогари Њиндустон» гуфтаанд. Ёфтаи шуморо ман тофта гирењ намекардам, ин кату кўт аз куљо мешуд? Гапдон шудаам? Њм… Ман, ки пурбар-дошт зане њастам,- кадбону бо овози нисбатан паст, вале бо оњанги тањдидомез суханаш-ро идома медод,- шумо гумон кардаед, як бардаи ноогоњу ло-лаке бошам. На! Хато кардаед, марди калон, агар ба њимояти худаму фарзандони ноболиѓам хезам, њатто, метавонам шумо-ро аз дар ронам!!!»

Шавњар љомаашро ба китф гирифта берун баромадан хост, то њавои тоза гирад. Бо гўшаи чашм дид, ки зављааш низ бедор асту зери шуои чароѓи хирасўзи назди рахти хобаш китоб-чаеро мутолиа мекунад. Исто, Сафармуњаммад, ту бехабару ин зан китобхон њам шудааст? Аљаб, ки китоби афсона ё ќиссањои пурмољарои ишќї намехонад ў. Дар даст Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи пешги-рии зўроварї дар оила»-ро до-рад. Уфф… Чї бояд кард? Пеши њамсояњо чї хел сар мебардори Сафармуњаммад? Аслан, ањли таќвои мо ба якдигар соз наме-гиранд. Яке мегўяд: «Пеши Ху-дованд њар як мусалмон, чи мар-ду чи зан баробаранд. Ва шумо дар тарбияту хонондани духтару писаронатон баробар вазифадо-ред.» Дигаре мегўяд: «Нагузо-ред, ки фарзандонатон, махсу-сан, агар онњо духтар бошанд, ба мактаби дунявї рафта, бепардаву берў шаванд.» Ин занак бошад, аз њарду илм бештар аз шавњари хеш хабардор аст. Мегўяд: «Ба њуќукдонњо мурољиат мекунам.» Чї, Сафармуњаммад мурољиат карда наметавонад? Ќонун танњо пуштбони занњост? Марди хона рўйи кати њавлї

нишаст. Телефони њамроњ аз љайб кашид ва ба тирезаи хо-наи хоб нигањи хавотироме-зе партофту тез-тез кадом як шуморањоро чиндан гирифт.

- Алло, маро шинохтед, акои Аъзам? Бале, њамон устои гул-дасти гуфтагиатон… Ман аз шумо сад љањон розї. Дуруст гуфтед, кори њалол кардему њаќќи хизмати арзанда њам ги-

рифтем. Барои чї занг мезанам? Тинљї… Аммо… Айб аст, ки гапи хонаро ба кўча барорем… Бо вуљуди ин, донистани њаќќу њуќуќи худ зарар надорад, мегўянд-ку. Худатон медонед, ки ман як одами зањматкаш. Бо азобњо дар давоми 16-17 сол сарпаноњаки на он ќадар калон сохтам. Бовар кунед, ки њанўз саду як камбудї дорад. Барои сохтмон занаму хешони вай як дирам мадад накардаанд. Њама бо обилаи дасти худам. Имрўз модари бачањо даъво дорад, ки: «Ин хонаву дар, ки баъди никоњи њардуямон бунёд шу-дааст, моли муштараки ману шумост. Ба он духтару писа-рони мо њам њаќдоранд! Агар ба њимояти худаму фарзандони ноболиѓам хезам, њатто, мета-вонам шуморо аз дар ронам!»Чаро механдед? Ба њоли ман

механдед, акои Аъзам? Охир, вай чї хел њаќдор буда мета-вонад, ки на њамроњи ман аќди никоњи расмї дораду на дар ќайди ин манзил аст? Албатта, албатта, фарзандон аз мананд… Дар ваќташ зоднома гирифта будем, аммо ба ќайд нагузош-таем, њамин рўзњоро пешгирї кардан мехостам, рости гап. Лаббай? Занак рост мегўяд? Ў аз ќонун нисбат ба ман огоњтар будааст?Сафармуњаммад базўр аз

љой хесту шиппакашро кашола-кунон дарун даромад. Зављааш дар хоби роњат буд.Сањарии солењон кадхудо

сари болини њамсараш омад.- Хез, очаљонаш, ба бозор

равем.- Ба бозор?- Бале. Барои Саодатљон

формаи мактабї мехарему ба-рои худат куртаи арўсї.

- Чї, Саодатро ба мактаб ме-барем?

- Албатта, бигзор, хонад.- Аммо барои ман либоси

арўсї чї лозим? Масхараам ме-кунед?

- Шўхї кардам, албатта. Мехоњам никоњамонро расмї кунонем. Њоло њам дер нест. Ме-бинам, ки њар гуна фикру хаёл азобат медињад. Инту андеша кунам, аз ман њам каме гузаш-тааст. Ба љанљоли зану шавњар остонаи хона хандидааст, чї гуфтї? Ба дил нагир. Шояд дар нимароњи умр бошем… Агар синни њардуямонро љамъ кунем, ќариб ба њафтоду панљ мерасад. Мо барои њамдигар лозимем. Харидани сарупои нав чї бадї дорад? Дилхоњатро интихоб мекунї, гирифта медињам!Мањтоб беихтиёр ашк

рехт…

МарямбонуиФАРЃОНЇ

Мањтоб ашк рехт…Новелла

26-27-уми сентябри соли љорї бо ташаб-буси Кумитаи кор бо занон ва оилаи наз-ди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар њамкорї бо дастандаркорони лоињаи «Пеш-гирии зўроварии хонаводагї» (HDV) тањти мавзўи «Зўроварии хонаводагї ва муш-килоти инъикоси он дар ВАО» семинари омўзишї баргузор гардид. Ба иштирокдоро-ни ин њамоиш, ки хабарнигорони соњаи ра-диову телевизион ва рўзномаву маљаллањои гуногун буданд, модераторон, эксперти байналмилалии лоињаи номбурда Ната-

лья Урекяну (Молдова) ва сармуњаррири маљаллаи «Равзана ба љањон», сарвари ТЉ «Маркази сиёсати гендерї» Марям Дав-латова дар атрофи роњњои паст кардани сатњи хушунати оилавї њамчун поймол-кунии њуќуќи инсон ва инчунин, баланд бардоштани савияи маълумотнокии мар-дум оид ба масоили зўроварї дар хонавода машѓулиятњо созмон доданд. Дар ќисмати амалии семинар навиштањои иштирокдо-рон доир ба мавзўи мазкур баррасї гардид

М.ЭШОНЉОНОВА, «Омўзгор»

Ќалам алайњи хушунатИЛЊОМ

ÈØЌÍÎÌÀ(ќитъањо)

Гуфта будї, ки чароѓам мешавї,Тозагулбуне ба боѓам мешавї.Бар вафоят, љони ширин, ќоилам,Њар куљоям, дар суроѓам мешавї.

*** Маљнун манам ба чењраи хандонат,Мафтун манам ба дидаи фаттонат.Чун ањд намудаї, ки ёрам бишавї,Эй кош, вафо кунї ба ин паймонат!

*** Аз ишќи ту ќадхамидаву беморам,

Сад њасрату дард дар дили худ дорам.Гуфтї, ки бирав, ба дигаре ёрї кун,Аз њар кї ба ѓайри туст, ман безорам.

*** То банди фалак расида оњи дили ман,Охир, ту бигў, чист гуноњи дили ман.Дурї зи барат сахт фигорам карда,Эй ёр, биё ту бар паноњи дили ман.

*** Чун зиндагї сар ба сар њама шебу фароз,Гардида насиби ман њама сўзу гудоз.Њар рўз насиби мо бувад њодисае,Ин ќиссаи ишќи ману ту бод дароз.

Нуралї КАРИМОВ,омўзгори мактаби №70-и

ноњияи Рўдакї

Page 13: Omuzgor #40

№ 40, 4 октябри соли 2013 13ОМЎЗГОР ХОТИРА

Ќарор дар бораи ташкили Назорати маорифи Тољикистон 14 декабри соли 1924 ба тасвиб расид.

(Давом аз шумораи гузашта)Шумо дар осмону пањноњои

Кайњон моњу ситорагонро маљўед ва ба онњо майли њавас накунед, зеро устодону муал-лимони донову хирадманд худ бењтар аз моњу ситорагонанд, ки одамонро аз тирагиву нодонињо рањойї мебахшанд. Бале, усто-ди басо хирадманду волотабъ шодравон Љалол Икромї дар олами адабу маънавияти ман сањме доранд, ки ба љуз ибораи «Устоди мењрубони ман!» ди-гар њарферо наметавон ба забон овард, магар чанд хотира.Бо устод ду маротиба

вохўрда, як олами маънавии суд-бахшу нотакрор ва таассуроти илњомбахшро пайдо карда бу-дам. Бо маслињати чанде аз ади-бони ба ман дўст, хостам ќиссаи «Деваштич»-ро аз назари эшон гузаронам. Аз ин рў вохўрии мо дар хонаи устод баргузор шуд, ки он лањзањо њаргиз аз хотири ман фаромўш нахоњанд шуд.Агарчи бо устод Љалол

Икромї ќиссаи «Деваштич»-ро сањифа ба сањифа хонда, бањсу мунозира накарда бошем њам, вале устод онро сањифа ба сањифа хонда, маслињату андешањои хешро дар њошияи сањифањо бо хати форсї, ба тав-

ри муфассал ва рўшод навишта буданд, ки он навиштаро ба-роям њамчун сабаќ ё мактаби нависандагї хидмат кардаанд.Бори дигар вохўрии мо моњи

марти соли 1987 ба вуќўъ пайваст. Ваќте ки ман тукмаи зангўлаи хонаашонро пахш кардам, ба истиќболам зављаи мењрубони эшон баромад, бо як мењрубонї маро пазиро шуданду устодро аз омадани ман хабардор карданд. Рўзи якшанбе буд. Наберањои устод дар мењмонхона бо шўру маѓал машѓули бозї буданд, ки устод аз њуљраи боло фуруд ома-данд. Эшон баробари маро дидан бо нимтабассум мурољиат кар-данд:

- Давлатшоњ! Магар дар чунин фазои бозорї нависанда кору фа-ъолият карда метавонад? Биёед, бењтараш ба боло бароем.Ман аз рўи нишондод ва

маслињатњои муфиди устод ќиссаи «Деваштич»-ро аз нав кор карда,бозпас ба дасти усто-дам супоридам. Ваќте ки эшон сањифањои ќиссаи маро аз назар мегузарониданд, дар чењраашон мамнуният ва ќаноатмандиро эњсос мекрдам. Нињоят, устод

айнакашонро аз чашм гирифта, хушњолона гуфтанд:

- Ин гапи дигар аст, писар. Ак-нун шумо хотирљамъ аз паи кора-тон шавед. Ман худам ин ќиссаро ба нашриёт хоњам супорид. Бе ин њам он љо коре дорам.Бо дили шоду хуррам, аз њавои

атрбези бањорї гул-гул шукуф-та аз хонаи устод баромадам. Таваљуњи устоди бузурги адаби-ёти муосири тољик, нависандаи халќии Тољикистон, муаллифи ќиссаву романњои муњташам ба ман барин ќаламкаши љавон, ки њоло ягон асараш рўи чопро надида, ба пириву бемории худ нигоњ накарда асари маро ба на-шриёт бурданашон, аз бузургї ва устоди њаќиќї буданашон дарак медињад.Худи њамон сол ќиссаи наху-

стини ман «Деваштич» ба теъ-доди панљ њазор нусха дар на-шриёти «Адиб» аз чоп баромад. Шодию хуррамии маро интињо набуд. Ин аст мењр, ин аст таваљљуњ ба адиби умедбахш. Ин аст устодиву омўзгорї!Дар ёд дорам, дар вохўрие

устодро он ќадар мењрубону анис ва ошно эњсос карда, дар-

ди дил гуфтам: «- Устод, чаро баъзе одамон бањудаю бењуда, њатто, ба мани навќалам нота-вонбиниву њасад мебаранд, ки барояшон аз он њељ суде нест. Њатто, баъзе дар лаб табассу-му бо суханњои сохта, вале дар пушт табари кина доранд. Бо ин ќабил бадбахтњо чї бояд кард?»Устод табассумкунон гўё

ба умќи дарёи андеша фурў рафта буданд. Ин лањза бал-ки воќеъањои сияњкорони ѓаддору пастфитратињои ба ном «бузургон»-и солњои 30-ум, ки бо эшон чї рўзњои касифу воќеањои нохушу нангинро раво дида бу-данд, тафаккур мекарданд. Бале, он зумра ашхоси бадбахту шум, танњо мањви Икромиву адибњои пешќадами он замонро не, бал-

ки барњам задании миллати тољику Љумњурии навбунёди Тољикистони азизро мехостанд. Хушбахтона, тирашону худа-шонро њам хок хўрду адолату асолат устувору пойбарљо монд. Шукри Худо!Устод Икромї оњи амиќе ка-

шида ѓайричашмдошт аз љой бархестанд ва як дасти муборак ба китфи ман гузошта, нидо дардоданд:

- Мевањои пухтаву ширину шањдбор ва назарраборо њар гуна парандањо нўл зананд, оруњо неш зада, шираашон-ро мељабанд, пашшањои хира дар гирду атроф сар мезанан-ду чўљањои ношуд пар меза-нанд, вале мевањои хому талх-ро ба партовњо меафкананд. Шумо хаставу дилгир мабошед, њаргиз нашиканед, ки озоратон медињанд. Сабур бошеду ас-сабур! Одамони асолатпеша ва некандеш хеле зиёданд. Бовар кунед, писарам. Њамеша имон-ро устувор доред!..Ёдатон ба хайр бод, усто-

ди маънипаноњи ман, усто-ди њазорњо адабфањмону адабдонњову адабсанљон!..

(давом дорад)Давлатшоњи ТОЊИРЇ,омўзгори Донишкадаи омўзгории Тољикистон дар шањри Панљакент

ЁДНОМА

Устодони мо

Гувоњи фаъолияти бенуќсон ва пур-самари педагогии ў шогирдони боса-водаш мебошанд, ки дар соњањои гу-ногуни кишвари соњибистиќлоламон ном баровардаанду аксарияташон дар вазифањои масъули давлатї хидмати шоиста доранд. Муњаббат Фозилова 5 октябри

соли 1938 дар ноњияи Вахш, дар оилаи хизматчї чашм ба олами њастї во на-мудааст. Ќисмат овони бачагї ва айё-ми мактабхонии ўро ба солњои вазнини љанг ва баъди љанг (ЉБВ) рост оварда-аст. Муњаббат Фозилова дар вазъи пур-ташвиши ќањтию гуруснагї, барањнагї ва нодории замони хеш соли 1947 ба мактаби ибтидоии ноњияи мазкур рафта, аз устоди аввалинаш Исњоќов сабаќ омўхта, баъдан соли1952 бо са-баби иваз шудани манзили зисташ, ба ноњияи Шањринав меояд ва дар мактаби №1- и ба номи Островский шомил гашта, аз устодони варзидаи мактаб А.Тандраќулов (математика), Д. Ќобилов (физика), М. Рањимова (кимиё), директор таълимгоњ, устоди фанни таърих Д. Баќоев дарси илму адаб омўхта, таълимгоњро соли 1957 бо хониши намунавї хатм намудааст. Баъ-дан ба факултаи физикаю математикаи ДМТ дохил шуда, аз устодон С. Раљабов

(ректор), Содиќов (декан), Нарзуллоев (физика), Содиќов (математикаи олї) сабаќи касбу адаб андўхта, донишгоњро соли 1963 бо дипломи аъло хатм кар-дааст, сипас бо ў дар Мактаби №35- и пойтахт ба сифати омўзгори синфњои ибтидої то соли 1965 ба толибилмони хурдсол дарс мегўяд.

Сифатњои баланди касбї, хусусиятњои хуљастаи инсонї, њалимию хушгуфторї ўро ба мартабаи боз њам баланд- мудири ќисми илмї оид ба таъ-лим расониданд, ки дар ин вазифа муд-дати 12 сол фаъолияти шоёни тањсин

дошт. Муњаббат Фозилова дар баробари

устоди касби хеш будан оид ба раванди таълим чандин маќола навишта ба табъ расонидааст, ки барои омўзгорони ма-котиби миёна ва касбии кишвар, баху-сус, љавонон хеле муфид ва рањнамои таълим дар бахши риёзї мебошанд. Таљрибаи бойи омўзгорї ва таъли-

му тарбияи хуби шогирдон, иштирок дар курсњои баландбардории такми-ли ихтисос, дар мусобиќањои гуногун ѓолибиятро ба даст овардан дар соњаи маориф ба ў имкон дод, ки сањми беш-таре дар тарбияи шогирдон гузорад ва дар сафи пеши маорифчиёни љумњурї љой гирад. Ў дар давоми зиёда аз панљоњ соли фа-

ъолияти омўзгориаш њазорон шогирдро дарси риёзї ва дарси одаму одамгарї ва хештаншиносї омўхтааст. М.Фозилова дар як силсила семинару конфронсњои ноњиявї, шањрї ва љумњуриявї шир-

кат варзидаанд, бо маърўзањои љолиб суханронї намуда, шуњрати мактаби №35-ро баланд бардоштааст. Муњаббат Фозилова барои фаъолияти пурсама-раш бо нишонњои «Ѓолиби мусобиќаи сотсиалистї» (1973), «Собиќадори мењнат» (1987), «Аълочии маорифи Љумњурии Тољикистон», «Корман-ди шоистаи маорифи ЉТ» (1989) ва љоизањои дигар ќадрдонї шудааст. Аз

њама мукофоти баланд барои вай ба мењру эњтироми беандозаи шогирдо-наш соњиб гаштанаш мебошад. Устод пайи таълими њар насли

замон аст,Њар субњи навин сўи дабистон

равон аст. Синну соли бонуи хирад Муњаббат

Фозилова ба 75 расида бошад њам, то њол шавќи омўзгорї дар ќалбаш туѓён дорад ва ўро ором намегузорад. Вай рўзњои муайян ба дабистонњои №35, №79 омада, ба шогирдон дарс мегўяд. Мо ба ин омўзгори барнодил идо-маи фаъолият орзу мекунем ва хоњони онем, ки ба бахти шогирдону њамкорон њамеша сињатманду болидарўњ бошанд. Љамолаш бод доим оламафрўз,Шабаш меърољ боду рўз Наврўз.

Т. ХОЉАЗОД, узви Иттифоќи

журналистони Тољикистон

САДОЌАТ Умре дар арсаи таълимИлм нуронї кунад чун мањ туро,Банда мегардад вазиру шањ туро.

(Имоми Аъзам)

Ãàð ìóàëëèì íàáîøàä…Мактабу илм набошад,Гар муаллим набошад.Дунё шавад шаби тор,Рушди таълим набошад

Гар муаллим набошад, Аќли салим набошад.Ќимати ибни СиноЊамчун њаким набошад.

Гар муаллим набошад,Марди карим набошад.Инсони соњибхирад,Яке олим набошад.

Гар муаллим набошад,Мењрофарин набошад.Шодиву комронїАндар замин набошад.

Ìàêòàá Макони илму ирфон аст мактаб,Муњандис бањри инсон аст мактаб.Дињад он илму андарзу шафоат,Љањони розу армон аст мактаб.Аз он гар дур бошї, њайф, сад њайф,Ба њар кас аќлу виљдон аст мактаб.

Ìàõçàíè èëìó èðôîíЉањони илму ирфон кист?

- Муаллим.Падарсолори инсон кист? - Муаллим.Кушояд рањ њамеша бањри мардум,Сафобахшандаи љон кист?

- Муаллим.Њаќиќатро, хирадро меситояд,Љањони илму ирфон кист?

- Муаллим.

Мањмадшариф МУРОДЇ (Ќаразода)

Page 14: Omuzgor #40

№ 40, 4 октябри соли 201314 ОМЎЗГОР ЭЉОД

ЊАЉВИЯ

Назорати маорифи Тољикистон дар шањри Душанбе аз 11 феврали соли 1925 ба фаъолият шуруъ намуд.

Омўзгорї, воќеан њам, пешаи пуршарафу ифтихорист ва худ вожаи омўзгор иртибот-манд аст бо илму дониш, аќлу хирад ва ро-стиву растагорї. Умдатарин фазилатњоро до-рост омўзгор. Ва яке аз фазилатњои волои ў эљодкорист. Бидуни эљодкорї наметавон дар омўзгорї ба комёбї расид. Омўзгори њаќиќї дар њар дарсаш эљодкориву навоварї мекунад ва аз ин љост, ки њикмати «як дарси хуб мазму-ни як асарро дорад» маќбули њамагон гашта.Хушо, ки домани эљодкории иддае аз

омўзгорони мо фарох аст ва онњо њамбаста бо эљодкорї дар дарс ба навиштани хабару гузоришњо ва маќолањои илмию методї даст мезананду комёб мешаванд. Гузашта аз ин, як гурўњ омўзгорони таълимгоњњои мамла-кат ба эљоди бадеї гаравиш доранд ва шеъру њикояњову ќиссањо эљод мекунанд (Хушбах-тона, сафи онњо њамвора дар афзоиш аст). Њафтаномаи «Омўзгор» ба ќадри имкон ва

мувофиќи салоњдид намунањоеро аз эљодиёти ин гуруњ омўзгорон пайваста ба табъ мера-сонад. Албатта, нигоштањои омўзгорон дар сатњи гуногунанд ва на њамаи онњо шоистаи чопанд, вале муњим он аст, ки эљоди ањли таъ-лиму тарбияро, ба вижа, назми эшонро њисси баланди муњаббат ба каломи бадеъ, эњтиром ба адабиёти бадеї фарогир аст. Яъне, онњо ак-саран бо амри дил, аз рўи мењру ихлос ќалам ба даст мегиранд ва бештар таваљљуњманданд ба мавзўъњои Ватану ватандўстї, тарѓиби одо-би њамида, накўкорию созандагї, илму дониш ва муњаббати самимї…Мо ба ифтихори Рўзи омўзгорон чанд на-

мунаро аз эљодиёти ин гуруњи соњибистеъдод пешкаши хонандагон намуда, ба кулли омўзгорони эљодкор комёбиву илњоми саршор таманно дорем.

«Омўзгор»

Омўзгорони эљодкор

ÃóíîњБубахшоям, хилофи ваъда кардам,Вале њаргиз набошад айб аз ман.Дили пуршўри ман бошад

гунањкор,Ки то њол аз ту натавонам

гузаштан.

Гуноњи гўшњоям, ки насозадСадои дилнавозатро фаромўш.Зи айби хуни гарми худ чї гўям,Ки аз ишќи самимият занад љўш.

Магар аз пойњоям шиква созам,Биёрандам таги тирезањоятВа чашмонам, ки нашиносанд

рањро,Чу дуранд аз ду чашми

шуълазоят…

Ýé ä¢ñòЭй дўст, бикун гўш кунун њарфи

маро ту,Њар дам гузарон аст, ба талвоса

чаро ту?!Бар бод надорад нафасе роњату

ором,Он бод бувад, несташ андешаи

айём.Худро ба азобу алам андохтаї ту,Норозї зи таќдир њама бохтаї ту.Њар кас ки шитобид, варо чењра

пур аз чин,Эй дўст, ба худ ой, кушо чашми

љањонбин.

¨äàì ìàêóíГар дуриям ѓам оварад,Бар чашми ту нам оварад,Бар ќоматат хам оварад,Ёдам макун, ёдам макун!

Бар ту агар бошад гарон,Ин ишќи поку бекарон, Њам интизорї, ёри љон,Ёдам макун, ёдам макун!

Мирзои ЊАСАНЗОДА, омўзгори мактаби раќами 10-и

ноњияи Мастчоњ

Óñòîäè çèíäàãîíїМуаллим устоди зиндагонист,Тамоми рўзгораш ќањрамонист.Агарчи мехўрад ѓамњои моро,Аз ў моро њамеша шодмонист.

Муаллим рањнамою рањбари мо,Нињад дасти навозиш бар сари мо.Агар дар зиндагї наќше зи мо

нест,Бувад наќшаш мудом дар

дафтари мо.

Зи тифле парварад шоиста инсон,

Ки шогирдаш барорад то ба кайњон.

Мароми ў чунин дар зиндагонист:«Накўкорї ба кас

роњатрасонист».Азимхони КОВИЁНЇ,

омўзгори мактаби №45, ноњияи Рўдакї

Êèòîáњîè áåçàáîíКитобњо, китобњо, китобњои безабон,Чакомаи суханварон, ниёзњои рафтагон.Рисолати паёмбарон, насињати бародарон,Аќидањои њар замон, васияти

гузаштагон…

Ба раф кашида, саф шумо ситодаед чуаскарон,

Фурўѓи субњи орифон, ѓизои рўњи одамон.Китобњо, китобњо, китобњои безабон,Дароз бод умратон, китобњои ќањрамон!

Ðóáîè¸òМо ёри накўиему њамроз ба соз,Пўшонда арўси њарфро пардаи роз.Шодем зи бешу андаки рўзии хеш,Бар хони касе даст накардем дароз.

Дар чењра фурўѓи хусравонї дорем,Аз мењнати хеш комронї дорем.Дар махзани фарњангу тамаддуни башарБас гавњари нодири маонї дорем.

Њар гањ ки ќалам васфи Ватан мегўяд, Аз гулшани он гули сухан мељўяд,Аз шавќ зи дида ашк мерезад он,Ин ашк ѓубори ќалби ман мешўяд.

Њусни ту бињишти љовидон аст маро,Наврўзу бањори бехазон аст маро.Гар тозаву соф осмонат бинам,Осудагиат њузури љон аст маро.

Шукрона аз ин диёр мебояд кард,В-аз шодии рўзгор мебояд кард.Дидем њазор ранљу андўњи хазон,Шукрона зи навбањор мебояд кард.

Имрўз Ватан басе дилафрўз шудаст,Зебову љавон, бубин, зи дирўз шудаст.Дар олами њарби хайру шўру шари онАндўњ нагун, сурур пирўз шудаст.

Абдуљаббор РОЗИЌЇ, омўзгори мактаби №15, ноњияи Восеъ

Äó ќèòúàАз љавњари маърифат ки бархурдорам,Доим ба кафи даст китобе дорам.Илму адаб аз китобхонї бувадам,Созандаву бобарор бошад корам.

Бо зиндадилон, ки бо китобанд мудом,Бинишину сухан куну биёмўз калом.Устоди њама фозилу доност китоб,Бо ў бирасї ба маќсаду љоњу маќом.

Бобохон БАРОТОВ, омўзгори гимназияи хусусии ба номи Абурайњон Берунї, ноњияи Рўдакї

Њавасбегим, ки њангоми мактабхониаш аз шуњрату овозаи мактаби дењаи Дашт огањї дошт ва њаваси дидани ин дабисто-ни овозадорро дар дил мепарварид, чї мегўед, ки бо амри таќдир баъди хатми донишгоњ ба њамин дења арўс шуда омад ва ба мактаб ба њайси омўзгор ба кор пар-дохт. Сарвари таълимгоњ муаллимаро ба кору бори ањли мењнат, шароити кору зин-дагии омўзгорон шинос намуда гуфт:

-Дар таълимгоњи мо њама кор аз рўи наќшаю реља сурат мегирад. Ин њафта њафтаи љамъомадњои иттињодия ва шўрои методист. Марњамат, шумо њам корро бо иштирок аз љамъомади иттињодияи методї оѓоз кунед. Дар ин иттињодия омўзгорони пешќадаму навовари зиёде гирд омада-анд, баъзе онњоро ќомуси таълиму тар-бия мегўянд. Аз онњо омўзед. Њавасбегим баъди суњбати сарвари мактаб бо як љањон орзую њавас вориди кабинети методї, ки дар канори толори нимторик љой гарди-да, баъди салому алейк дар рў ба рў мар-ди солхўрдаи айнакї ќарор гирифт. Мард айнакро дар байни ангуштонаш бозї до-ронда гуфт:

- Марњамат, муаллима, љои љамъомади мо њамин њуљра аст, њозир њамкасбон гирд меоянду машварат барпо мекунем. То гирд омадани њампешањо, Савдої, ки аз зум-раи омўзгорони љўяндаву хушсалиќаанд, моро ба баъзе навигарињо ошно месозад. Савдої њам аз љой нимхез шуда:

-Устод, худатон њам хабар доред, њафтаи гузашта, ба назарам, аз њарваќта

дида серташвиштар буд, нарху наво дар њар панљ бозори њудуди ноњия якбора боло рафт. Њатто, ќимати носу тамоку, караму кабудї њам. Аз баъзе шиштафурўшњо пур-сам, ки «ин чї гап?», доллар боло рафт мегўянд. Тавба, носу љорўб ба доллар чї нисбате дорад? Муаллим, шумо наѓз ме-донед, оѓози бозорњои мо аз молбозори дењаи Чашма сурат мегирад.Дар ин рўз молљаллобону харидорон

аз фурўшандањо зиёд буданду барраю бузѓолањои лоѓару аз рама мондаро бо нархњои дандоншикан бањогузорї ме-карданд. Гуфтагї барин, вай даллоли якчашма, ки дастонаш мисли дастони деванд, ширинкомањоро асосан аз сав-догарони шањрї талаб кард. Дар ин бо-зор бачањои худї, аз љумла, муаллимони мактаби мо буданд. Офарин, ба омўзгори љавон Тољирї, ки аз технология сабаќ меомўзонад. Технологияи савдоро хуб медонад, дасттаконї, ќасамёдкуниро аз даллоли якчашма гузаронд. Аммо, устод, ин кам аст. Шербачањои дењаи мо њоло њам бедор нашудаанд, яъне, баробари за-мон ќадам намегузоранд.

- Бале, Муллосавдої, бачањои мо чандон фаъол не, - хитоб намуд устоди айнакї,- ана, омўзгори хушсалиќаи мо Фоизбек дер омада бошад њам, итми-нони ќавї дорам, ки шер омаданд ва аз навгонињо моро ошно месозанд.

Фоизбек бо ишораи устод ба курсии як пояш шикаста нишаста, ба гап даро-мад:

-Гўр њамин сиёсатбозињо шавад, дар дидбонгоњњои сарњадї назорату таф-тишот дучанд шудааст. Лекин устод мо, тољирњо, илољи корро дар њар њолат пайдо мекунем. Њамон машќњои варзишї имрўз кор доданд. Ману Ќоими ќиматфурўш мисли сарбозони ќўшунњои - десантї 200-250 метр роњро гаваккашон тай карда, аз таги симхорњо гузашта, рекордњои худро гузоштем. Аммо устод, чи тавре мегўянд, «Хурўс дар њама љо як хел љеѓ мезанад». Дар бозорњои ин љо њам нархњо дандоншикан. Мањсии соќаш пашмин ќариб нест, љояшро мањсињои тунуки чинї гирифтаанд. Дар њама љо мањсулоти хитої. Ногуфта намонад, ки меваю сабзавот њам лаззат надоранд. Гўё мевањо њам чинї бошанд.

-Муаллим Фоизбек муболиѓаро дўст медоранд, - ба гап њамроњ шуд, омўзгори љавоне, ки аз њама дертар ба љамъомад њозир шуда буд. Ин кас, устод, аз бими кормандони тартибот бозорро дуруст чарх назадаанд ва мизољони доимї надо-ранд, яъне, фаъолияти тољириашон суст. Ќанд зананд шербачањои дењаи Доѓ, бо дастгирии ду-се нафар љаллобони тањљойї рўзи дароз масолењи сохтмон кашонданд.

Шодравон Соњибї барои фарзандо-наш дар бозори калони ноњияи як рафи макаронфўруширо ба мерос гузошт, ки омўзгори чўянде буд. Омўзгори эљодкори дигар, ки барои муаллимони њандаса ки-тоби дарсї навиштанї буд, дўкони ивази асъорро ба ёдгор гузоштааст.

-Офарин, Чаќќабой, ин гапи дигар. Бо вуљуди навкорї ва љавонии хеш аз бисёр нуктањои љолиб огоњї доранд.

- Устод, бузургони мо хуб фармуда-анд, ки «Бисёр сафар бояд, то пухта ша-вад хоме»,- риштаи суханро ба даст ги-рифт, муаллими тануманде ки аз вазни зиёд каме мелангид.

-Ман дар ин њафта аз њамаи бозорњо дидан кардам, њатто, як рўзро ба дидани бозорњои шањр бахшидам. Аммо, чи тав-ре устодон дар боло зикр намуданд, дар њама љо мањсулоти чинї рафи дўконњоро, нуќтањои фўрушро забт карда гирифта-анд. -Шумо њама ањли фањм. Ќурбони ањли фањм. Бузургони мо бењуда нагуф-таанд, ки «зебоии сухан дар кўтоњии он аст. Ваќт - тилло. Тилло аз даст наравад. Акнун, њамкасбони арљманд, мехостам фикру андешањоятонро кўтоњак оид ба љамъомади имрўзаи иттињодияи методї бањри пешравии кор иброз намоед, аз љумла, шумо муаллимаи нозанин њам,-гуфт директор ба толор саросема даро-мада.

-Хуб зикр кардед, устодон. Дар мо њама чиз чинї. Љамъомад њам чинї буд, - гуфт Њавасбегим аз љояш хеста...

Њ.СОДИЌОВ, ноњияи Мастчоњ

Љаласаи чинї

ÑàðáàëàíäШуњратат дар даври истиќлол афзуда дучанд,Гаштаї дар байни мардум шахси хеле

дилписанд.Хизмати бисёр кардї бањри халќу љамъият,Ин ту њастї дар њама љо комёбу сарбаланд.Зањматат дар байни мардум маълуму арзанда аст,Аз сањар то шом андар кори мактаб њастї

банд.Кори ту њарчанд мушкил, лек бошад

пуршараф,Манфиат орад ба кишвар, устоди арљманд.Тарбият созї ту тифлон аз сари сидќу сафо,Медињї бар насли наврас њикмату андарзу

панд.Иди касбият муборакбод мегўяд Њабиб,Инчунин бошї њамеша байни мардум

дилписанд.

Ä¢ñò ìåäîðàì Дўст дорам ман забони модариро чун Ватан,Васф бинмоям варо аз минбари њар анљуман.Њар куљое ифтихори ман забони тољикист,Мењри покаш љой дорад дар дилу дар љони ман.Таърихи дерини халќи ман бувад пур аз шараф,Лафзи ман њамбаста бо Сомонию Сосони ман.Мепарастам ин забони поку лафзи пургуњар,То абад поянда бодо! Њастиям! Имони ман!

Њабибуллоњ ТАБАРЗОДА, мушовири шуъбаи маорифи

ноњияи Восеъ

Page 15: Omuzgor #40

№ 40, 4 октябри соли 2013 15ОМЎЗГОР ЭЉОД

Назорати маорифи Тољикистон дар шањри Душанбе аз 11 феврали соли 1925 ба фаъолият шуруъ намуд.

Мазмуну моњият собит мекунад, ки аз овони куњан достон миёни мардум шуњратёр будааст ва њељ иртиботе бо аќвоми бодия-гард надорад. Мазмун, персонажњо, анъана ва атрибутњои таърихї дар гунањои пасин: Аз ром кардани асп, бунёди давлатдорї, шоњон, пањлавонон, ороишу озинбандї, ѓизо ва ѓайра эљоди мардумони зироаткор ва шањрнишинанд, ки андак иртиботе њам бо кўчиён надоранд.

4. Андар номи эпосТо солњои наздик олимони тољик

«Гўрўѓлї»-ро пажўњиш мекарданд, ки маънидодаш гўё тољикию туркии «Писа-ри Гўр» (Гўр+уѓлї) буд. Пасон сари инсоф эътироф карданд, ки «Гўрѓулї» бояд буда бошад. Кулли ќиссахонон, воќеан Гўрѓулї мегўянд, ки сањењтар аст. Маълум, ки мо вожаи «њамѓул» дорему њам «ѓул». Ва яке аз ќањрамонњои осори романтикї Дуѓул буда-аст. Њарчанд ѓулро вожаи арабї маънидод мекунанд, гумони мо Ѓул бо асотирамон дар пайвандист.Мардум њар чизи ѓайриоддї, азиму

бузургтушро бо неруи тавоно ин гуна ба тасвир мекашанд. Ѓулро реша ба давро-ни Пешдодиён мекашад, ки наљотгар аст ва низ дар асотири бобулї модар аст. Аз он пештар дар асотири шумерї (оилаи забонњои ѓайри сомї) Ѓул, Гула њамчун олињаи тандурустї, шифокор ва њаким вармехурад.Дар фарњанги забони тољикї «… деве,

ки ба њар шакл даромада, одамонро аз роњ мебаровардааст» маънидод мешавад. Вале на он дастур аст, ки андеша мекунем. То имрўз мардони азимљусса, ё сермўйро чунин унвон мекарданд, ѓулворї, Њасани Ѓул ва ѓайра. Ба ин шакл бањогузорї му-носиб набувад. Ѓул дар тасаввури мардум њанўз дев нест, ки сараш ба осмон хурад ва як чашм дошта бошад. Чуноне ки дар Фирдавсї Рустам аз корномаи Сом, ки деви Гандруро бељон кард, мегўяд:

…Дигар Гандру дев буд бадгумон,Танаш бар замину сараш б-осмон,Ки дарёи Чин то миёнаш будїЗи тобидани хур зиёнаш будї…

Ѓули њамосаи даврони нав ѓайримуќаррарист, ки уњда дорад бори наљоти як ќавмро бикашад. Ва миллати тољик пањлавонеро барои худ бунёд кард, ки ѓайримуќаррарї рисолат дорад ва њушёру одилу парастор аст. Ин ишора аст аз асотир бо дарназардошти анъанањои њамосасарої, ки шоњон ва волиён барои ободї ва саодати мардум вазифадоранд. Якбора бигўям, ки пажўњишгарони тур-кман ќоиланд, ки номи пањлавон Равшан аст. Дар ривояти туркманї омадааст, ки навзодро аз пой то сар мўй пўшида буд. Аз ин Ѓул унвон гирифт. Тимсоли инчунинњоро русњо «Снежный человек» мегўянд. Њарчанд наметавон гуфт, ки бо чунин мотив њамаи халќњо пазируфта-наш, аммо њамоса дар миёни беш аз 40-халќу ќавм густариш дорад ва њељ кадоме аз маънию мазмуни он даст накашида-анд.Ва бояд сари вожаи «гўр», таваљљуњ

кард. Тољикон гўр доранд ба маънои ќабр ва диловару љасуру бузург, ки дар сифати Бањром омадааст. Яќин аст, ки Гўр туркї нест. Дигар барои маќом гирифтани Гўр бояд ба устураву ривоят ва анъанањо усту-вор бошад. Магар барои бодиягардон Гўр ањамият дорад? Гўрро њама медонанд ва дар њаёт ба хотири пос доштани гузаш-тагонашон манзалат менињанд. Воќеист, ки онњо мудом дар сафаранд ва њатто интизор нахоњанд буд, ки фарди дар гўр зодаро дарёбанд. Аз рўйи нигориши Ра-шидаддин Фазлуллоњ «Ќудратмандони чодарнишинро одат чунин буд, чун на-фаре аз онњо вафот меёфт, ўро дар љойи номаълуме мегўронданд».

5. Нуќтањои мењварїДостонњои њирфавї эљоди марду-

ми шањрнишинанд. Дар кўњманзар вобаста ба шароити муњит адабиёти шифоњї наќши муњим дорад. Эљодашон дар заминаи њамосањо дигаргуна аст.

Вале таљрибаи таърихї ва хотирот эшонро имкон медињад дар заминаи зењнияташон, ки зироаткорист ва аз гу-зашта барояшон вогузоштаанд, биофа-ранд. Ба ин хосияти биологиашон низ сабаб мешавад. Сужаву мотивњоро ба тариќе таѓйиру такмил медињанд.Акнун ба пањлўи дигари масъала

таваљљуњ мекунем. Мардуми мутамаддин соњибдавлат буданд ва марзи муайян до-штанду чодарнишинон пайваста дар њоли њаракат. Барои яке ќонуну ќавоид, хату са-вод ва меъёру низом муќаррар ва устувор буд. Пањлуњои амалу зиндагї, анъанаву оин ва эљодашон пањновартар. Барои бедавла-тон одату русуми авлодї афзалият дошт. Вале онњо марзу саддњо, оини давлатдорї, зиндагии шањрї ва ѓайраро номаќбул, маснўъ ва номуносиб мешумориданд.Яќин аст, ки марзњо дарвозањои таъ-

рихианд, ки барои робита ва тиљорат кушода ва аз тариќи љангу таљовуз шика-ста мешаванд. Кўчиён дар љодаи дуввум малака пайдо карда суд мебардоранд. Барои дарёфти ѓанимат пояњои сохтори давлатдориро мешикананд, «ободкориа-шон» дар харобкорист. Лањзае шефтаи пирўзињо мешаванд, вале бармегарданд ба таљрибаи идороти халќи маѓлуб, чаро ки ночоранд. Шеваи идоракунї ва усулњои бунёди давлат барояшон бегона аст, чи ки аз чорводорї ва таъсиси лашка-ри рањзану ѓоратгар фарќ дорад.Њине ки бодиягардон бо давлатњои му-

тамаддин њамла мекунанд ба ду империя рў ба рў мешаванд, ки яке идориву сиёсат ва дуввумин фарњангию маърифатї. Бар нахуст пирўз мешаванд, вале дар импери-яи фарњангї, ки аз донишу суннату дину оин фароњам шудааст, фурў мераванд. Ба ночор маѓлуб мешаванд.

ЉОНИБЕК АСРОРИЁН, фарњангшинос

БА ОЗМУНИ «ГЎРЃУЛЇ – ЭПОСИ МАРДУМЇ»МУАРРИФЇ

ГЎРЃУЛЇ - эпосиќањрамонию пањлавонї

(Аввалаш дар шумораигузашта)

Бо њамин суханон оѓоз гардид намоишномаи театрикунонида-шудаи бадеии «Паёми таърих», ки аз тарафи омўзгорони кафе-драи таърих ва њуќуќ (мудираш М.Мухторова) бо якљоягии хо-нандагон тарњрезї шуда буд. Он дар маљлисгоњи литсей-интернати Президентї барои кўдакони болаёќати Љумњурии Тољикистон ба маърази тамошо гузошта шуд. Намоишномаро падару модарон ва мењмонон тамошо намуданд.Дар намоишнома аз корнамоии

Шераки сакої, ки барои њимояи Ва-тан гўшу биниашро бурида, бо тани маљрўњ ва дарднок 7 рўз форсњоро роњбаладї намуда, онњоро ба биё-бони хушку тафсон меорад ва аз ин кораш ифтихор менамояд, зеро як чўпони одї дар њифзи Ватан ба лашкари пурзўру тавонои Дорои I ѓолиб омад. Ќиссаи Шераки далер аз дањон ба дањон гузашта, то дав-раи мо омадааст ва имрўз низ моро ба ватандўстї њидоят менамояд.Сонї, аз рўзгору осори Ода-

мушшуаро Абўабдуллоњи Рўдакї сањнаи љолиб пешкаш гардид. Хонандагон аз тамошои сањна дарк намуданд, ки Рўдакї аз ав-валин шоирони Машриќзамин аст, ки ба инсон, ба ин бењтарин мављуди олам бо назари вижа ва бо эњтироми хоса нигариста, онро ќањрамони баргузидаи ада-биёт ќарор додааст. Ў ѓояњои инсондўстиро таќвият бахшида, адабиётро ба одамшиносї табдил додааст.Сипас, диќќати њозиринро

сањнае аз шоњасари безаво-ли њакими тўсї Абдулќосими Фирдавсї бо номи «Фаридуни хи-радманд» ба худ љалб сохт.Намоишномаи театрикунони-

дашудаи «Паёми таърих» ба пада-ру модарон ва ањли нишаст басо писанд афтод. Дар фуроварди намоишнома Мадатова Манзу-ра, директори литсей-интернати Президентї, иброз намуд, ки њадафи мо тарбияи кўдакони болаёќат аст, агар мо онњоро ду-руст роњбарї ва њидоятгарї намо-ем, корњои аљоибу фавќулодаро ба сомон хоњанд расонд.Инчунин, Матлуба Салимова,

раиси Ассотсиатсияи волидайну омўзгорони литсей, М.Ќурбонова, муовини директории Маркази тањсилоти иловагии Вазорати мао-риф, Х.Холназаров, мушовири ва-зири маориф ба сухан баромада, аз намоишномаи ба маърази тамо-шо гузоштаи хонандагон изњори ќаноатмандї намуданд ва барои минбаъд давом додани ин ташаб-бус дастуру маслињатњои судбахш доданд.

Ќурбон ЌУРБОНОВ,муовини директори

литсей-интернати Президентї дар шањри Душанбе

«Паёми таърих» - маќбули њамагон

Бо њамин суханон оѓоз гардид

Правительство Республики Таджикистан (ПРТ) реализует новый проект ППГСБ при содействии со стороны Исламско-го Банка Развития (ИБР) в виде кредитного финансирования. Основной целью проекта является снижение уровня бедности, особенно сельской молодежи/молодых людей и женщин путем повышения соответствующей способности профессиональной грамотности, практических навыков и производительности. С целью своевременного и удовлетворительного выполнения ме-роприятий по данной программе, в рамках данного Кредита будет финансироваться наем Руководителя группы.

1. Руководитель группыОбщий профиль:Руководитель ГРП/ППГСБ ответственен за исполнение всех

функций Проекта. Он/она будет тесно взаимодействовать с ИБР и напрямую контактировать с данным учреждениям. Он/она будет нести полную ответственность за реализацию данно-го проекта перед Правительством Республики Таджикистан и Министерства Образования.

Квалификация Руководителя группы должна соответство-вать следующим требованиям:

Высшее образование в области государственного управле-ния, бизнес управления, образования и прочих социальных сферах; Практический опыт работы на руководящих должностях в

государственных учреждениях;Опыт работы в инвестиционных проектах, финансируемых

Исламским Банком Развития, Всемирным Банком и/или Ази-атским Банком Развития и прочими международными финан-совыми институтами будет рассматриваться как существенное преимущество;Хорошее знание реформ, проводимых в социальных секто-

рах Республики Таджикистан; Свободное владение таджикским и русским языками;Хорошее знание английского языка будет рассматриваться

как преимущество;

Навыки работы на компьютере (хороший уровень работы с программами Word, Excel, прочими наиболее часто используе-мыми приложениями Microsoft Office, Интернетом, электрон-ной почтой);Хорошие навыки межличностного общения.Примерные сроки предоставления услуг консультантов:

октябрь 2013 – декабрь 2017, с 3-х месячным испытательным сроком. Консультанты будут отобраны согласно процедурам, уста-

новленным по Руководству Исламского Банка Развития. За-интересованные кандидаты могут получить дополнительную информацию по нижеуказанному адресу в рабочие часы, т.е. с 09:00 до 17:00. В соответствии с выдвинутыми критериями, кандидаты

должны представить по электронной почте или собственно-ручно в конверте письмо заявление на участие в конкурсе на имя г-на Саидова Н.С.-Министра образования Республики Таджикистан, письма рекомендации с указанием контактных номеров телефонов рекомендующих, CV (резюме) на русском или таджикском и английском языке обязательно, копию доку-ментов, сертификатов удостоверяющих образование кандида-та по профилю по нижеследующему адресу до 17:00 12 октября 2013 г.Документы, поданные после указанного срока, рассмотре-

нию не подлежат.На собеседование будут приглашены только те кандидаты,

которые будут удовлетворять минимальным квалификацион-ным требованиям.Приём документов от кандидатов производится по адресу:

Министерство образования республики Таджикистан 3 этаж, каб. 302, пр. Ниссормухаммад 13 А, Душанбе, Респу-

блика ТаджикистанТел: +992 37 221 43 60; Факс +992 37 221 43 60

E-mail: [email protected]:

РЕСПУБЛИКА ТАДЖИКИСТАН МИНИСТЕРСТВО ОБРАЗОВАНИЯГРУППА РЕАЛИЗАЦИИ ПРОЕКТА ПРОГРАММА ПО ПРОФЕССИОНАЛЬНОЙ ГРАМОТНОСТИ ДЛЯ СНИЖЕНИЯ

УРОВНЯ БЕДНОСТИ КРЕДИТ №TAD-0048-49

(Давом дорад)

Page 16: Omuzgor #40

№ 40, 4 октябри соли 201316 ОМЎЗГОР

Суњбати љонпарвар аст суњбати «Омўзгор»

Муассис: Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон

Сармуњаррир: Ноилшо НУРАЛИЕВ

Њайатитањрир:

Н.САИДОВ, Ф.РАЊИМОВ, Т.МАЊМАДОВА, Ф.ИСМОНОВ, А.РАЊМОНОВ, М.САЙФИДДИНОВ, А.МУРОДЇ (љонишини сармуњаррир), М. РУСТАМ (котиби масъул)

Почтаи электронї: [email protected]Сайти њафтанома: www.omuzgor-news.tj

Суроѓа: 734024, ш.Душанбе, к.Нисор Муњаммад, 13а. Телефонњо: ќабулгоњ – 221-63-36, љонишини сармуњаррир – 227-36-29, котиби масъул ва шуъбањо – 227-25-49

Њафтанома дар Муассисаи ХЊЊФ «Мушфиќї» ба табъ расидааст. | Индекси обуна – 68850 | Адади нашр: 29 435 нусха | Тарроњ: С. Ниёзов | Њуруфчинон: О.Љабборова ва Ш. Зафарзода

«Омўзгор» дар Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон тањти раќами 21Р – 405 19.12.2000 сабти ном шуда, тањти раќами 0018/рз, аз 14.09.2007 дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон аз нав номнавис гардидааст. Нашрия ба хотири чандандешї маводе низ ба табъ мерасонад, ки идораи њафтанома метавонад бо муаллифон њамфикр набошад ва барои онњо масъулият ба уњда нагирад. Дастхатњо ва суратњо ба муаллифон баргардонида намешаванд.

ОМЎЗГОР

ХАНДАРЕЗПАНЉ ЛАТИФА

АНЉОМ

Духтур:- Шумо, бемор, барои кан-

дани дандони дардмандатон 60 сомонї месупоред.Бемор:- О, њаќќи хизмататон ас-

лан 20 сомонї –ку.- Дуруст, вале аз доду фа-

рёди шумо ду мизољи дигари ман гурехта рафтанд.

***Коргар аз кор дер мемо-

над.Сардор: - Аз кор дер кардед, љазо

медињам.Коргар: - Узр дорам, занам субњ

њазор долларашро гум кард.

Сардор: - Ин ба шумо дахл дорад.

Худаш гум кардааст, худаш ёбад.Коргар: - Ин тавр намешуд, охир,

ман дар болои долларњо ме-нишастам.

***Муаллим: - Каримзода, феъли «дўст

доштан» дар шакли замони ояндааш чї мешавад?Донишљў: - «Шў кардан», муаллим.

***Раис ба кормандаш:- Ба ту сад сомонї медињам,

ба автовокзал рафта хушдо-мани маро пешвоз гир.Корманд:- Агар хушдоманатон

наояд-чї?Раис:- Он гоњ дусад сомонї

медињам. ***

- Чаро гиря мекунї?- Сагчаам гум шудааст.- Эълон навис, ёфт меша-

вад.- Саги ман хонда намета-

вонад.

ЭЪЛОН

- Агар шумо омўзгор ва ё корманди соњаи мао-риф њастед;

- агар фарзандону наберањои шумо дар макта-би тањсилоти миёнаи умумї, миёнаи касбї ва олї тањсил менамоянд;

- агар мушкилоти кори таълиму тарбияи насли наврас шуморо ба ташвиш овардааст;

- агар ба суолњои худ аз мутахассисони варзидаи соњаи маориф, мактабшиносон, равоншиносон, та-бибон посухњои боэътимод гирифтан мехоњед;

- агар ќобилияти хуби эљодї доред ва мехоњед аз таљрибаи шумо њамкасбонатон дар тамоми кишвар огоњ бошанд;

- агар барои шумо дирўз, имрўз ва фардои мил-лату сарзамин бетафовут нест, Пас, њатман бояд ба минбари озоди баёни афкору

андеша барои тамоми кормандон ва алоќамандони

соњаи маориф - маљаллаи «Маорифи Тољикистон» барои соли 2013 обуна шавед ва бо он њамкорї ку-нед. Дар ин сурат комёбї њатман ба суроѓи шумо хоњад омад.Арзиши солонаи обуна ба маљаллаи «Маорифи

Тољикистон» бо назардошти хадамоти алоќа 86 со-мониву 52 дирам мебошад. Хоњишмандем, маблаѓи обуна бевосита ба суратњисоби маљалла гузарони-да шавад:

ДХ БДА ЉТ «Амонатбонк» с/њ 20202972900816101000њ/м 20402972316264РМБ 350101626РМА 010009508Ба маљаллаи «Маорифи Тољикистон»

«Маорифи Тољикистон» - НАШРИЯИ МАОРИФИ ДАВРАИ НАВ

Њайати омўзгорон ва хонандагони мак-таби тањсилоти умумии №23 – и дењаи Шаватки поёни ноњияи Айнї аз марги нобањангоми директори таълимгоњ

ШУКУРОВ Мардон андўњгин буда, ба пайвандон ва хешу

табори марњум аз даргоњи Худованди мутаол сабри љамил хоњонанд.

ЭЪТИБОР НАДОРАДШањодатномаи гумшудаи ТШТ-А №1043420, ки онро

соли 1994 мактаби миёнаи №15, ноњияи Шоњмансур ба Њасанова Мадина Мардонќуловна додааст, эътибор надо-рад. Шањодатномаи гумшудаи №-268542, ки онро соли 1986

мактаби миёнаи №28-и ноњияи Рашт ба Музафаров Хур-шед Махмадназарович додааст, эътибор надорад.

Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистонбарои ишѓоли вазифањои холии зерин дар кафедрањо барои соли тањсили 2013 -2014 озмун эълон мекунад:

1. Кафедраи назарияи иќтисодиёт - 1нафар профессор, 3нафар дотсент, 3 нафар муаллими калон2. Кафедраи њуќуќи тиљорат- 1 нафар дотсент, 1 нафар муаллими калон3. Кафедраи маркетинг ва тиљорат- 1 нафар, дотсент ва 1 нафар муаллими калон4. Кафедраи системањои иттилоотї дар иќтисодиёт- 1 нафар муаллими калон5. Кафедраи фаъолияти бонкї- 2 нафар муаллими калон6. Кафедраи тарбияи љисмонї- 1 нафар муаллими калон7. Кафедраи иќтисодиёт ва ташкили бизнес- 1 нафар муаллими калон8. Кафедраи таърих ва филология- 2 нафар, дотсентЊуљљатњои худро довталабон ба суроѓаи зерин: Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон, кўчаи

Дењотї, ошёнаи дуюм, њуљраи 304, телефон; 234-84-38 пешнињод намоянд.

Акнун банду буѓумро табиаттабобат мекунад !

Растании «Сабельник» барои беморињои банду буѓум, сутунмўњра, устухон истифода шуда, намакро хориљ, дарду сўзишро бартараф, варам ва шамолхўрии буѓумњоро нест мекунад, ва бељошавї, рагкаширо бартараф намуда организмро аз моддањои зарарнок тоза мекунад. Истифода: ба калонсолон 10-20 чакра 2 бор дар як рўз. Давомнокї 1 моњ. Њангоми харид дар рўи ќуттї буби-нед, ки живые витамины навишта шуда бошад, зеро мањз хамин намуд сабелник дар таркибаш спирт ва ќанд надорад, би-нобар ин ба гирифторони беморони диа-бет, атеросклероз, њомиладорон, фарбењї истеъмоли он зарур ва мумкин аст.

Аз дорухонањо пурсон шавед, ё бо тел. вилояти Суѓд ва ноњияњои он 92 749 33 47; Душанбе . 95-178-85-08 ; дастрас

намоед. Нархаш 22 сомонї.

КРОССВОРДИ «ЗАБОН»Аз боло ба поён:1. Воситаи баёни нутќ. 2. Шахси сеюми шумо-

раи љамъ. 3. Пайвандаки хилофии забони тољикї. 4. Њиссаи нутќ. 9. Пурсишљонишини асри дањуми милодї. 11. Шумораи номуайянї дар забони ас-римиёнагии тољик. 13. Синоними охир, поёни њар кору амал. 15. Як љузъи љумла. 16. Сухани тозаю навро гўянд. 17. Пайвандаки забони тољикї.Аз чап ба рост:5. Фанни таълимї дар макотиби олї ва тањсилоти

умумї. 6. Армия бо забони тољикї. 7. Аъзои пай-рави љумла. 8. Хеле бо лањља. 10. Навиштаљоти асли китоб. 12. Пеш*** ё пас ***, истилоњи илми забоншиносї. 14. Шахсе, ки аз забон бештар ис-тифода мебарад. 18. Њиссаи нутќ. 19. Ќањрамони романи «Фирдавсї» - Сотим Улуѓзода. 20. «*** , ки камоли нур бошад, Бе зулмати шаб чї эътибор аст?» (Њилолї).

Мураттиб Њотами ЊОМИД

ТАНАКСОЛ - бар зидди ихрољи ЛЯМБЛИЙ ! Ширкати илмию истењсолии Рос-

сия воситаи нодиреро коркард на-мудааст, бо номи ТАНАКСОЛ, ки он аз љамъи гиёњњо (пижма, полын, тысячелистник, девясил) иборат буда, њангоми беморињои паразитї ва сироятї (лямблиоз, амебиоз, аскаридоз, энтеробиоз,) истифо-да бурда мешавад. - Ба њоли имрўз воситаи аз њама самараноки зидди лямблиоз барои кўдакон ва калон-солон мањсуб меёбад. Дар њолатњои вазнин, Танаксолро якљоя бо дигар воситањои синтетикии зидди ихрољ истифода бояд бурд. Танаксол таъсири манфии доруњои син-тетикиро кам мекунад. Тарзи истифодабарї: Кўдакони аз 1-сола 1/6ќ, аз 2 то 7-сола

1/3ќ, аз 7 то 12-сола 2/3ќ, аз 12-сола боло аз 1 то 2 ќошуќча рўзе 3 маротиба, 30 даќиќа пас аз хўрок. Давомнокї: аз 7 то 14 рўз, барои калонсолон то 30 рўз.

Аз дорухонањо пурсон шавед!

Дар маљлисгоњи Муассисаи давлатии «Душанбе - Плаза» рўнамоии китоби тозанашри «Об – манбаи њаёт» барпо гардид. Чунон ки муовини директори Китобхонаи миллии Тољикистон, номзади илмњои педагогї Шарифљон Комилов зимни суњбат гуфт, ин китоб асари барљастаи бунёдї буда, аз тарафи кормандони Китобхонаи миллии Тољикистон ба чоп омода шудааст. Он аз 7 ќисм иборат буда, 3236 навиштаљоти библиографї дорад. Барои осон шу-дани кор 2 кўмак - фењрист тартиб дода шудааст, ки бо истифода аз алифбои забони тољикї барои ба таври фаврї ёфтани матолиб ёрї мерасонад. Дар ба-робари ин, кўмак – фењристи ашхос низ бо овардани ному насаби муаллифони асару маќолањо аз хусуси об барои истифодабарандагони китоб пешнињод гардидааст. Љињати дигари ин асари рањнамо аз он иборат

аст, ки дар он доир ба санадњои меъёрию њуќуќии

вобаста ба об, иќтибосњо аз Сарќонуни мамлакат, кодексу ќарорњои Маљлиси миллии Маљлиси Олї ва Маљлиси намояндагони Љумњурии Тољикистон, Њукумати Љумњурии Тољикистон, вазорату идорањо, шартномањои давлатї маълумот дода шудааст. Њамчунин, дар китоб маърўзањои Президенти мам-лакат доир ба масоили об, муњофизати он, аз хусуси захирањои обї, эњё ва рушди энергетикї, намунаи эљодиёти адибон дар хусуси об, маводи методї, маќолањои рўзноманигорон аз матбуоти даврї доир ба њамин мавзўъ гирд оварда шудааст. Бино ба гуфти яке аз мураттибони ин асар, корманди Китобхонаи миллии Тољикистон Моњира Акобирова омодаю чоп намудани чунин як асари серпањлу кори чандон осон набуд. Хушбахтона, тањия ва тадвини он дар ваќти муайянгардида ба анљом расид.

Њотами ЊОМИД, «Омўзгор»

МУАРРИФЇ Роњнамои пурмуњтаво