16
35 (11896) 30 августи соли 2013 Бењин фарди љањон омўзгор аст, Аз ў сарсабзу хуррам рўзгор аст www.omuzgor-news.tj НАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ЊАФТАНОМА АЗ 20-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 1932-ЮМ НАШР МЕШАВАД ОМЎЗГОР Устодон, падару модарон ва шогирдони азиз! Њозирини арљманд! Имрўзњо тамоми мардуми Тољикистон, аз љумла сокинони пойтахти кишварамон - шањри Душанбе ба хотири пешрафти бахшњои гуногуни њаёти мамла- кат софдилона зањмат кашида, ба хотири боз њам ободу зебо гардо- нидани Ватани азизамон сањми арзандаи худро гузошта истода- анд. Дар натиљаи вусъат пайдо кардани раванди неки созанда- гиву ободкорї солњои охир дар баробари рушду инкишофи ди- гар манотиќи кишвар хусусан пойтахти кишварамон тавассу- ти зањмати созандаи сокинони он ободу зебо мегардад. Бунёди бинои нави иловагї дар мактаби тањсилоти умумии раќами 56 барои 1280 хонанда дар ду баст, ки њоло бо њамроњии шумо дар расми ифтитоњи он њузур дорем, боз як намунаи равшани ободкории мардуми зањматкашамон мебошад. Мактаби тањсилоти умумии раќами 56 аз соли 1964, яъне ќариб ним аср инљониб фаъоли- ят дошта, имконияти лоињавии он барои 970 љойи нишаст дар як баст пешбинї гардида буд. Аммо дар соли хониши 2012-2013 теъдоди шогирдони таълимгоњи мазкур ќариб ба се њазор нафар расида, бинобар зиёд будани теъдоди хонанда- гон таълим дар се баст ба роњ монда шуд. Имрўз бо ифтитоњи бинои нави таълимї мушкило- ти мављуда њалли худро пайдо кард. Зеро дар бинои навсох- ти имрўза барои таълиму тар- бияи хонандагон синфхонањои равшану барњавои мутобиќ ба меъёрњои муосир ва умуман њамаи шароити зарурии таълим фароњам оварда шудааст. Барои бунёди бинои мазкур аз њисоби буљети давлат ќариб 13 миллион сомонї сарф гар- дида, корњои сохтмони он аз љониби Љамъияти «Ниёз» ба анљом расонида шудаанд. Би- нои нав дорои 36 синфхонаи таълимї, утоќи компютерї, озмоишгоњњои фаннї, толори варзишї барои 440 љойи нишаст ва майдончаи варзишї мебо- шад. Худи њамин рўз дар зами- наи мактаби тањсилоти умумии раќами 97-и ноњияи Сино боз як бинои навбунёди таълимї бо 640 љойи нишаст дар ду баст мавриди истифода ќарор дода мешавад, ки он ба маблаѓи 10 миллион сомонї сохта шуда, аз 22 синфхонањои таълимии муљањњаз бо таљњизоти зарурї ва шароити мусоиди таълимиву варзишї иборат мебошад. Ба муносибати ин рўйдодњои хотирмон, яъне дар арафаи соли нави хониш ва дар осто- наи таљлили љашни бистуду- солагии истиќлолияти дав- латии Тољикистон мавриди бањрабардорї ќарор гирифтани муассисањои нави таълимиро ба њамаи шумо - шогирдони азиз, устодон ва падару мода- рони гиромї табрик гуфта, ба њамаатон тансињативу хушњолї, ахлоќи намунавї ва хониши хубу аъло орзу менамоям. Мактаб даргоњи азхуд кар- дани донишу маърифат, одобу маданият ва тарбияи ахлоќи њамида мебошад. Зеро дар ботини њар як на- врасу љавон тарбия кардани њисси инсондўстиву накўкорї, ба камол расонидани насли бо- нангу номус ва соњибмаърифату соњибкасб, дар зењну шуу- ри кўдакону наврасон густа- риш додани њисси худогоњиву хештаншиносї ва ифтихор аз давлату давлатдории миллї, ин- чунин ташаккули љањонбинии васеъ ва расидан ба ќадри арзишњои неки маънавию ахлоќии миллї аз мактаб сар- чашма мегирад. Мањз ба њамин хотир, давла- ту Њукумати кишвар масъалаи бо донишњои мукаммалу муо- сир мусаллањ гардонидани хо- нандагони мактабњои тањсилоти умумї, касбомўзони омўзишгоњу коллељњо ва донишљўёни муассисањои тањсилоти олии мамлакатро вазифаи доимї ва аввалиндараљаи фаъолияти худ медонад. Чунки дар замони рушди босуръати илму техника ва тањаввулоти технологии муо- сир ягон кишвари олам бидуни тарбия кардану ба камол расо- нидани мутахассисони балан- дихтисосу дорои љањонбинии васеъ, донандаи техникаву технологияњои муосир ва афзо- иш додани шумораи олимону муњаќќиќони соњањои гуногун пешрафти љомеа ва давлатро таъмин карда наметавонад. Аз ин хотир, Њукумати мам- лакат солњои охир дар тамоми ќаламрави кишвар таъмиру аз- навсозии муассисањои таълимї, бунёди муассисањои муосири таълимї ва синфхонањои ило- вагиро вусъат дода, онњоро бо њамаи шароити мусоиди таъ- лиму тарбия, таљњизоти муосир ва технологияњои пешрафтаи коммуникатсионї таъмин карда истодааст. Дар иртибот ба ин, мехоњам як нуктаи муњимро таъкид на- моям, ки масъалаи таъмини пешрафти соњаи маориф дар баробари сохтору маќомоти давлатї зиёиён ва умуман ањли љомеа, хусусан омўзгорон ва падару модарон, инчунин соњибкорон ва шахсони саховат- мандро вазифадор месозад, ки дар раванди фароњам овардани шароит барои таълиму тарбияи наврасону љавонон, баланд бар- доштани донишу љањонбинї ва таќвияти њисси ватанпарасти- ву инсондўстии онњо фаъолона ширкат намоянд. Бузургони фарњангдўсти мо бењуда нагуфтаанд, ки дониш чароѓи аќл, ќуввати дил ва сар- вати азимест, ки инсонро азизу муътабар мегардонад. Шахси донишманд ва соњиби касбу њунар дар ягон давру за- мон душворї намекашад, зеро илми андўхтааш ва касбу њунари азхудкардааш њамеша ўро ба роњи дурусти зиндагї њидоят намуда, дар масири њаёт ба ў њамчун сипар хизмат менамо- яд. Шахс танњо тавассути аќлу заковат, илму дониш ва касбу њунари худ метавонад дар љомеа соњиби иззату эњтиром гардад. Дўстони азиз! Њарчанд ки дар давраи истиќлолият дар масъа- лаи бењтар гардидани вазъи дўконњои китобфурўшї, дастрасї ба китобњои тозанаш- ри таълимї, асарњои бадеиву илмї ва матбуоти даврї дар шањру ноњияњои мухталиф, аз љумла дар пойтахти кишвара- мон тањаввулоти љиддї ба на- зар мерасад, аммо бояд гуфт, ки њанўз њам аз љониби наврасону љавонон ва баъзан калонсолон бо мањбубияти хоса истифода гардидани китоб ва маводи ил- миву эљодї ба таври зарурї ба назар намерасад. Ин дар њолест, ки китоб њамќадами доимии миллати куњанбунёду фарњангии мо дар тамоми давру замонњо, бењтарин дўст ва манбаи аз бар кардани илму дониш мањсуб гардида, мардуми моро ба олами ранго- ранги маънавиёт њидоят карда- аст. Њар яки мо бояд њамеша дар ёд дошта бошем, ки аќлу зако- ват ва хиради созанда бе муто- лиаи китоб ва омўхтани илму дониш ба даст намеояд. Зеро мураббии њамаи усто- дони олам китоб аст. Китоб дар њаёт чун омўзгори беминнат хиз- мат намуда, инсонро ба рости- ву росткорї, некиву накўкорї, хирадмандиву мардонагї ва матонату бузургї рањнамої ме- кунад. Вобаста ба ин, аз устодону омўзгорон ва падару модарони муњтарам хоњиш карда мешавад, ки майлу раѓбати љавононро ба хондани китоб, махсусан асарњои бадеї, азхуд кардани осори муттафакирони гузаш- таву имрўзаи миллати тољик ва љомеаи љањонї бедор намоянд, то ки онњо дар оянда њамчун шахсони соњибмаърифату до- нишманд ба воя расанд. Илова ба татбиќи чорабинињо доир ба таъсиси китобхонањо ва дигар муассисањои маърифатї дар даврони истиќлолият дар кишварамон барои рушди за- бони модарї имконияти мусоид фароњам оварда шуда, забони пурѓановати тољикї дубора рўњи миллиашро соњиб гардид. Барои боз њам таќвият бах- шидани маќоми сазовори за- бони тољикї зарур аст, ки њар як шањрванд ва дар навбати ав- вал наврасону љавонон забони тољикиро ба таври мукаммал ва дар сатњи аъло азхуд карда, њатман ду забони хориљиро ба мисли забони модарї донанд. Зеро дар замони пешрафту тањаввулоти имрўзу оянда бе донистани ду забони хориљї кору фаъолият кардан ва муваффаќият ба даст овардан бисёр мушкил мешавад. Њамзамон бо ин, раванди иљрои муќаррароти Ќонун Дар бораи масъулияти падару мо- дар дар таълиму тарбияи фар- зандяке аз масъалањои муњими љомеаи имрўзаи мо мањсуб меёбад. Чунки ояндаи ободу осудаи љомеа ва давлат, ќабл аз њама, аз фарзандони тарби- ятдида, донишманду забондон, љањонбинии васеъдошта ва миллатдўсту ватанпарвар воба- ста аст. Њозирини гиромї! Дар баробари амалї наму- дани чорабинињои мунтазам доир ба рушди иќтисодиву иљтимоии мамлакат яке аз њадафњои давлату Њукумати кишвар фароњам овардани имконият барои ањолї љињати бењтар намудани шароити ман- зил мебошад. То имрўз ба мар- дум дар миќёси кишвар дањњо њазор гектар замин барои ќитъањои замини наздињавлигї ва сохтмони манзил таќсим карда шуд. Субњи имрўз мо дар мањаллаи Ховарон”-и шањри Душан- бе дар маросими ба 727 нафар оилањои эњтиёљманд таќсим на- мудани ќитъаи замин барои сох- тмони манзили шахсї ширкат намудем. Дар давоми солњои 2007-2013 дар ин мавзеъ аз њисоби буљети шањр дар маљмўъ ба маблаѓи 41 миллион сомонї корњои кашида- ни хатњои барќ, бунёди зеристгоњи барќї, роњ, шабакањои обрасонї ва ободонии атрофи минтаќа иљро гардидаанд. СОЛИ НАВИ ТАЊСИЛ МУБОРАК! Суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар маросими ифтитоњи бинои иловагии мактаби раќами 56-и ноњияи Синои шањри Душанбе (27.08.2013) МАКТАБ - БОРГОЊИ ДОНИШУ МАЪРИФАТ (Давомаш дар сањ.2)

Omuzgor #35 2013

  • Upload
    -

  • View
    291

  • Download
    0

Embed Size (px)

DESCRIPTION

 

Citation preview

№ 35 (11896)30 августисоли 2013

Бењин фарди љањон омўзгор аст,Аз ў сарсабзу хуррам рўзгор аст

www.omuzgor-news.tjНАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

ЊАФТАНОМА АЗ 20-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 1932-ЮМ НАШР МЕШАВАД

ОМЎЗГОР Устодон, падару модарон ва

шогирдони азиз!Њозирини арљманд!Имрўзњо тамоми мардуми

Тољикистон, аз љумла сокинони пойтахти кишварамон - шањри Душанбе ба хотири пешрафти бахшњои гуногуни њаёти мамла-кат софдилона зањмат кашида, ба хотири боз њам ободу зебо гардо-нидани Ватани азизамон сањми арзандаи худро гузошта истода-анд.Дар натиљаи вусъат пайдо

кардани раванди неки созанда-гиву ободкорї солњои охир дар баробари рушду инкишофи ди-гар манотиќи кишвар хусусан пойтахти кишварамон тавассу-ти зањмати созандаи сокинони он ободу зебо мегардад.Бунёди бинои нави иловагї

дар мактаби тањсилоти умумии раќами 56 барои 1280 хонанда дар ду баст, ки њоло бо њамроњии шумо дар расми ифтитоњи он њузур дорем, боз як намунаи равшани ободкории мардуми зањматкашамон мебошад.Мактаби тањсилоти умумии

раќами 56 аз соли 1964, яъне ќариб ним аср инљониб фаъоли-ят дошта, имконияти лоињавии он барои 970 љойи нишаст дар як баст пешбинї гардида буд.Аммо дар соли хониши

2012-2013 теъдоди шогирдони таълимгоњи мазкур ќариб ба се њазор нафар расида, бинобар зиёд будани теъдоди хонанда-гон таълим дар се баст ба роњ монда шуд. Имрўз бо ифтитоњи бинои нави таълимї мушкило-ти мављуда њалли худро пайдо кард. Зеро дар бинои навсох-ти имрўза барои таълиму тар-бияи хонандагон синфхонањои равшану барњавои мутобиќ ба меъёрњои муосир ва умуман њамаи шароити зарурии таълим фароњам оварда шудааст.Барои бунёди бинои мазкур

аз њисоби буљети давлат ќариб 13 миллион сомонї сарф гар-дида, корњои сохтмони он аз љониби Љамъияти «Ниёз» ба анљом расонида шудаанд. Би-нои нав дорои 36 синфхонаи таълимї, утоќи компютерї, озмоишгоњњои фаннї, толори варзишї барои 440 љойи нишаст ва майдончаи варзишї мебо-шад.Худи њамин рўз дар зами-

наи мактаби тањсилоти умумии раќами 97-и ноњияи Сино боз як бинои навбунёди таълимї бо 640 љойи нишаст дар ду баст мавриди истифода ќарор дода мешавад, ки он ба маблаѓи 10

миллион сомонї сохта шуда, аз 22 синфхонањои таълимии муљањњаз бо таљњизоти зарурї ва шароити мусоиди таълимиву варзишї иборат мебошад.Ба муносибати ин рўйдодњои

хотирмон, яъне дар арафаи соли нави хониш ва дар осто-наи таљлили љашни бистуду-солагии истиќлолияти дав-латии Тољикистон мавриди бањрабардорї ќарор гирифтани муассисањои нави таълимиро ба њамаи шумо - шогирдони азиз, устодон ва падару мода-рони гиромї табрик гуфта, ба њамаатон тансињативу хушњолї, ахлоќи намунавї ва хониши хубу аъло орзу менамоям.Мактаб даргоњи азхуд кар-

дани донишу маърифат, одобу маданият ва тарбияи ахлоќи њамида мебошад.Зеро дар ботини њар як на-

врасу љавон тарбия кардани њисси инсондўстиву накўкорї, ба камол расонидани насли бо-нангу номус ва соњибмаърифату соњибкасб, дар зењну шуу-ри кўдакону наврасон густа-риш додани њисси худогоњиву хештаншиносї ва ифтихор аз давлату давлатдории миллї, ин-чунин ташаккули љањонбинии васеъ ва расидан ба ќадри арзишњои неки маънавию ахлоќии миллї аз мактаб сар-чашма мегирад.Мањз ба њамин хотир, давла-

ту Њукумати кишвар масъалаи бо донишњои мукаммалу муо-сир мусаллањ гардонидани хо-нандагони мактабњои тањсилоти умумї, касбомўзони омўзишгоњу коллељњо ва донишљўёни муассисањои тањсилоти олии мамлакатро вазифаи доимї ва аввалиндараљаи фаъолияти худ медонад.Чунки дар замони рушди

босуръати илму техника ва тањаввулоти технологии муо-сир ягон кишвари олам бидуни тарбия кардану ба камол расо-нидани мутахассисони балан-дихтисосу дорои љањонбинии васеъ, донандаи техникаву технологияњои муосир ва афзо-иш додани шумораи олимону муњаќќиќони соњањои гуногун пешрафти љомеа ва давлатро таъмин карда наметавонад.Аз ин хотир, Њукумати мам-

лакат солњои охир дар тамоми ќаламрави кишвар таъмиру аз-навсозии муассисањои таълимї, бунёди муассисањои муосири таълимї ва синфхонањои ило-вагиро вусъат дода, онњоро бо њамаи шароити мусоиди таъ-

лиму тарбия, таљњизоти муосир ва технологияњои пешрафтаи коммуникатсионї таъмин карда истодааст.Дар иртибот ба ин, мехоњам

як нуктаи муњимро таъкид на-моям, ки масъалаи таъмини пешрафти соњаи маориф дар баробари сохтору маќомоти давлатї зиёиён ва умуман ањли љомеа, хусусан омўзгорон ва падару модарон, инчунин соњибкорон ва шахсони саховат-мандро вазифадор месозад, ки дар раванди фароњам овардани шароит барои таълиму тарбияи наврасону љавонон, баланд бар-доштани донишу љањонбинї ва таќвияти њисси ватанпарасти-ву инсондўстии онњо фаъолона ширкат намоянд.Бузургони фарњангдўсти мо

бењуда нагуфтаанд, ки дониш чароѓи аќл, ќуввати дил ва сар-вати азимест, ки инсонро азизу муътабар мегардонад.Шахси донишманд ва соњиби

касбу њунар дар ягон давру за-мон душворї намекашад, зеро илми андўхтааш ва касбу њунари азхудкардааш њамеша ўро ба роњи дурусти зиндагї њидоят намуда, дар масири њаёт ба ў њамчун сипар хизмат менамо-яд. Шахс танњо тавассути аќлу заковат, илму дониш ва касбу њунари худ метавонад дар љомеа соњиби иззату эњтиром гардад.Дўстони азиз!Њарчанд ки дар давраи

истиќлолият дар масъа-лаи бењтар гардидани вазъи дўконњои китобфурўшї, дастрасї ба китобњои тозанаш-

ри таълимї, асарњои бадеиву илмї ва матбуоти даврї дар шањру ноњияњои мухталиф, аз љумла дар пойтахти кишвара-мон тањаввулоти љиддї ба на-зар мерасад, аммо бояд гуфт, ки њанўз њам аз љониби наврасону љавонон ва баъзан калонсолон бо мањбубияти хоса истифода гардидани китоб ва маводи ил-миву эљодї ба таври зарурї ба назар намерасад.Ин дар њолест, ки китоб

њамќадами доимии миллати куњанбунёду фарњангии мо дар тамоми давру замонњо, бењтарин дўст ва манбаи аз бар кардани илму дониш мањсуб гардида, мардуми моро ба олами ранго-ранги маънавиёт њидоят карда-аст.Њар яки мо бояд њамеша дар

ёд дошта бошем, ки аќлу зако-ват ва хиради созанда бе муто-лиаи китоб ва омўхтани илму дониш ба даст намеояд.Зеро мураббии њамаи усто-

дони олам китоб аст. Китоб дар њаёт чун омўзгори беминнат хиз-мат намуда, инсонро ба рости-ву росткорї, некиву накўкорї, хирадмандиву мардонагї ва матонату бузургї рањнамої ме-кунад.Вобаста ба ин, аз устодону

омўзгорон ва падару модарони муњтарам хоњиш карда мешавад, ки майлу раѓбати љавононро ба хондани китоб, махсусан асарњои бадеї, азхуд кардани осори муттафакирони гузаш-таву имрўзаи миллати тољик ва љомеаи љањонї бедор намоянд, то ки онњо дар оянда њамчун

шахсони соњибмаърифату до-нишманд ба воя расанд.Илова ба татбиќи чорабинињо

доир ба таъсиси китобхонањо ва дигар муассисањои маърифатї дар даврони истиќлолият дар кишварамон барои рушди за-бони модарї имконияти мусоид фароњам оварда шуда, забони пурѓановати тољикї дубора рўњи миллиашро соњиб гардид.Барои боз њам таќвият бах-

шидани маќоми сазовори за-бони тољикї зарур аст, ки њар як шањрванд ва дар навбати ав-вал наврасону љавонон забони тољикиро ба таври мукаммал ва дар сатњи аъло азхуд карда, њатман ду забони хориљиро ба мисли забони модарї донанд. Зеро дар замони пешрафту тањаввулоти имрўзу оянда бе донистани ду забони хориљї кору фаъолият кардан ва муваффаќият ба даст овардан бисёр мушкил мешавад.Њамзамон бо ин, раванди

иљрои муќаррароти Ќонун “Дар бораи масъулияти падару мо-дар дар таълиму тарбияи фар-занд” яке аз масъалањои муњими љомеаи имрўзаи мо мањсуб меёбад. Чунки ояндаи ободу осудаи љомеа ва давлат, ќабл аз њама, аз фарзандони тарби-ятдида, донишманду забондон, љањонбинии васеъдошта ва миллатдўсту ватанпарвар воба-ста аст.Њозирини гиромї!Дар баробари амалї наму-

дани чорабинињои мунтазам доир ба рушди иќтисодиву иљтимоии мамлакат яке аз њадафњои давлату Њукумати кишвар фароњам овардани имконият барои ањолї љињати бењтар намудани шароити ман-зил мебошад. То имрўз ба мар-дум дар миќёси кишвар дањњо њазор гектар замин барои ќитъањои замини наздињавлигї ва сохтмони манзил таќсим карда шуд.Субњи имрўз мо дар мањаллаи

“Ховарон”-и шањри Душан-бе дар маросими ба 727 нафар оилањои эњтиёљманд таќсим на-мудани ќитъаи замин барои сох-тмони манзили шахсї ширкат намудем.Дар давоми солњои 2007-2013

дар ин мавзеъ аз њисоби буљети шањр дар маљмўъ ба маблаѓи 41 миллион сомонї корњои кашида-ни хатњои барќ, бунёди зеристгоњи барќї, роњ, шабакањои обрасонї ва ободонии атрофи минтаќа иљро гардидаанд.

СОЛИ НАВИ ТАЊСИЛ МУБОРАК!

Суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар маросими ифтитоњи бинои иловагии мактаби раќами 56-и ноњияи Синои шањри Душанбе (27.08.2013)

МАКТАБ-БОРГОЊИ ДОНИШУ МАЪРИФАТ

(Давомаш дар сањ.2)

№ 35 30 августи соли 20132 ОМЎЗГОР ИСТИЌБОЛ

Њамзамон бо ин, даво-ми соли љорї барои обо-дониву бунёди шабакањои инфрасохтори мавзеи зик-ршуда аз њисоби буљети шањри Душанбе ќариб 70 миллион сомонї масраф карда мешавад.Тибќи наќшаи гене-

ралии мањаллаи “Хо-варон” дар солњои на-здик як ќатор иншооти муњим, аз љумла чор мак-таби нав бо тамоми ша-роити муосир, боѓчањои бачагона, биноњои маъмуриву маишї, ошхо-наву марказњои тиљоратї, дармонгоњ ва монанди инњо сохта, ба истифода супорида мешаванд.То назди шумо ома-

дан мо боз як иншооти муњим – майдони мошин-ронии муосирро ба ис-тифода супоридем, ки бо навтарин усулу таљњизоти техникї муљањњаз гардо-нида шудааст. Иншооти зикршуда дуюмин май-дони омода кардани ро-нандагони сатњи баланди касбї, муоинаи техникии воситањои наќлиёт ва уму-ман пешгирї кардани садамањои наќлиётї мебо-шад.Зеро тавре ки дар

мулоќот бо љавонон зикр гардида буд, масъалаи аз тарафи љавонон торафт зиёд рўй додани њодисањои нохуши наќлиётї маври-ди нигаронии ањли љомеа гардидааст.Њарчанд аз љониби

маќомоти дахлдори давлатї љињати пешгирї намудани садамаву њодисањо, бо суръати баланд идора кардани воситањои наќлиёт ва риоя накардани ќоидањои њаракат дар роњ мунта-зам чораљўи карда меша-

вад, лекин мутаассифо-на, дар њашт моњи соли

љорї дар њудуди кишвар 617 њодисаи роњу наќлиёт ба ќайд гирифта шуда, дар натиља 265 нафар фавти-да ва 900 нафари дигар љароњати љисмонї бар-доштаанд, ки нисбат ба њамин давраи соли гузаш-та хеле зиёд мебошад.Омўзишу тањлилњо

нишон медињанд, ки дар пешгирї намудани садамањои наќлиётї, тар-бияи њуќуќї ва баланд бардоштани донишу мањорати касбии ронанда-гон муассисањои таълимие, ки бо тайёр кардани ро-нандагон машѓуланд, бояд наќши муњим бозанд.Дар баробари ин, ша-

роити кунунї аз њар як падару модар таќозо ме-намояд, ки дар масъалаи таълиму тарбияи фар-зандон масъулияти ба-ланд эњсос намоянд ва дар баробари мактаб ба донишомўзиву интихоби касб дастгиру мададгори фарзандон бошанд, насли наврасро дар рўњияи одо-бу ахлоќи њамида, эњтиром ва риояи ќонуну тартибот, дўст доштани Ватан ва садоќат ба давлати худ ба воя расонанд.Таъкидан иброз ме-

намоям, ки волидайн бояд ба таълиму тарбияи фарзандон бо љиддият машѓул шаванд ва њаргиз дар ин масъалаи нозук ба сањлангорї роњ надињанд. Пеш аз њама худи онњо бояд барои кўдакон на-мунаи ибрат бошанд, зеро хислатњои неки онњо ба фарзандон таъсири бево-сита мегузорад.

Бовар дорам, ки шумо, толибилмони азиз, бо истифода аз шароити муњайёкардаи давлату Њукумат ва тавассути хо-ниши аъло ба маќсадњои неки худ мерасед ва оянда якљо бо њамсолонатон Ва-тани азизамонро соњибї мекунед.Бо њамин нияту орзуњои

нек њамаи шумо - фар-зандони азиз, устодону омўзгорон ва падару мо-дарони гиромиро ба му-носибати ифтитоњ гарди-дани муассисањои нави таълимї, фарорасии соли нави хониш ва бистуду-солагии истиќлолияти давлатї табрик намуда, ба шумо тањсили аъло, одобу ахлоќи шоистаи тањсин ва маърифати баланди хеш-таншиносиву инсондўстї орзу менамоям.

Ташаккур !www.prezident.tj

МАКТАБ-БОРГОЊИДОНИШУ МАЪРИФАТ

Дўстони арљманд!Устодон, шогирдон ва волидони

муњтарам!Оѓози соли нави тањсилро ба-

роятон самимона табрику тањният мегўям. Фарорасии марњилаи то-заи тањсил маънии аз нав боз гаш-тани дарњои кохи маърифат ва ба вуљуд омадани имконоти навин бањри омўзишу тањсили бавусъа-тро дорад. Ибтидо аз нахустрўзи соли тањсил – 1 сентябр кўдакон ва наврасону љавонон бо рўњияи тоза ва азму иродаи ќавї вуруд ба љањони дониш мегарданд ва тафаккуру љањонбинї, заковату хиради хешро марњила ба марњила вусъат мебахшанд. Донишомўзї муњимтарин фазилати инсонї буда, ба рушду камоли маънавии шахс мусоидат мекунад, нигоњи ўро ба муњит, ба оламу њаводис амиќу маънирас менамояд. Аз ин

љост, ки бузургонамон фармудаанд: «Љањонро ба дониш тавон ёфтан, Ба дониш тавон риштану бофтан». Басо рамзист, ки дар Тољикистони азизи мо њамасола 1 сентябр Рўзи дониш таљлил мешавад. Таъкид мешавад, ки дониш нерўбахши инсонњост, кас њар ќадар бештар дониш омўзад, њамон ќадар муваффаќ ва тавонманду комёб хоњад буд ва фаъолияташ ба манфиати халќу Ватан вусъат пайдо хоњад кард.Солњост, ки дар диёри мањбубамон на-

хустин машѓулиятњои соли нави тањсил ба арљгузори сулњ бахшида мешавад, дарси аввалин дар тамоми таълимгоњњо дарси Сулњ аст. Мањз ба шарофати Сулњ Тољикистони азизи мо Истиќлолияташро њифз намуд, аз арзишњову муќаддасоти миллии хеш дифоъ кард ва устувору пойдор бимонд. Воќеан њам, таљрибаи Сулњи тољикон дар љањон назир надорад ва шарњу тафсири он бояд дар мењвари дарси Сулњ дар 1 сентябр ќарор биги-рад.Дар дарси Сулњ њам омўзгор ба шо-

гирдон бояд таъкид намояд, ки сулњи тољикон осон ба даст наомадааст, он «сулњи деринтизор» буд. Барои тан-танаи ин сулњи нишотовар абармар-дони миллат басо талошњои пайги-ронаву ватандўстона ва ќањрамонона кардаанд. Бояд њамагон бо тамоми њастї онро эњтиром ва эњтиёт намоем, љавшани сулњ бошем ва онро пос до-рем.Бояд бо камоли сипосмадї зикр на-

муд, ки сулњи бахтофарини тољикон ба рушду такомули бесобиќаи соњаи маориф низ мусоидат кард. Ба шаро-фати сулњ дар ин соња ислоњоти куллї ба вуќуъ пайваст, тозакорињои зиё-де ба миён омада, раванди бонизоми инкишофи соња оѓоз гардид, њамагон рўй ба мактаб оварданд ва мавќеи омўзгор, маќому манзалати ў марњила ба марњила баландтар шуд.Муњимтар аз њама, ањли љомеа амиќ

дарк намуданд, ки мактаб ва тањсилот омили асосии таъмини некўањволї ва рањої аз њама мушкилоту расидан ба њама ањдофи судманд аст. Яъне, мардуми љумњурї мутобиќ ба мазмун ва њидояти ќитъаи машњури зер азму амали хешро тавсеа бахшиданд:Мактаб ба ту ёд медињад илму адаб,Мактаб зи ту мебарад ѓаму ранљу тааб.Як нуктаи мухтасар зи мактаб гўям:Одам нашавад касе, магар аз мактаб.Дар даврони Истиќлолият соњаи

маориф дар Тољикистон ба комёбињои барљаста ноил гардид. Аз љумлаи муваффаќиятњои шоистаи ин соњаи таќдирсоз метавон тадриљан афзу-дани сатњи сифати тањсилот, ќабули њуљљатњои муњиму рањнамо дар сатњи давлатї, тањияи барномањои нави таълимї, иншои китобњои дарсии насли нав, роњандозии омўзиши амиќи забо-ни давлатї ва забонњои хориљї, бунёди

мактабњои нав ва таљњизоти муосир (аз љумла, компютерњо) таъмин намудани онњоро номбар кард.Президенти љумњурї, Љаноби Олї

Эмомалї Рањмон ба соњаи маориф ва ба ањли таълиму тарбия таваљљуњи њамешагї ва махсус доранд. Ба ша-рофати сиёсати маорифпарваронаи Сарвари кишвар барои омўзгорон як ќатор имтиёзу бартарињо муќаррар шудааст.Њамасола дар оѓози соли нави тањсил

музди мењнати кормандони соњаи мао-риф зиёд карда мешавад.Соли равон низ тибќи фармони мах-

суси Президенти мамлакат аз моњи сен-тябр маоши вазифавии кормандони муассисањои томактабї ва тањсилоти умумї, яъне, мактабњои миёна, аз љумла, муаллимони мактабњои тањсилоти умумии аз синфи 1 то 11, литсейњо, гимназияњо, њамаи мактаб-интернатњо, мураббиёни муассисањои томактабї, аз љумла, кўдакистон ва боѓчањои кўдакона ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шуд. Њамчунин, маоши вазифавии корман-

дони дигар муассисањои соњаи маориф (муассисањои тањсилоти олї, мактабњои махсуси варзишї, омўзишгоњњои кас-бии техникї, коллељњо…) ба андозаи 20 фоиз афзуда шуд. Акнун донишљўёни муассисањои олї ва миёнаи касбї бар ивази 83 сомонии ќаблї 100 сомонї стипендия мегиранд. Ин боз як далели барљастаи ѓамхории пайвастаи Сарвари кишвар ва Њукумати љумњурї нисбат ба ањли маориф ва ин соњаи имтиёзнок ме-бошад.Омўзгорон, дар њаќиќат, ба њама

гуна арљгузорию ќадршиносї шои-стаанд, онњо фаъолияти басо санги-ну зањматталаб ва дар айни замон, ифтихорї доранд. Имрўзу фардои Ватанамон мањз аз файзи зањмати фидокоронаи омўзгорон шукуфост. Басо хушоянд аст, ки њамасола оѓози соли нави тањсилро омодагињо ба љашни фархундаи миллат – Рўзи Истиќлолияти давлатии Тољикистон ва таљлили ин санаи муборак шукўњу таровати тозае эњдо мекунад. Дар радифи тамоми мардуми саодатман-ди кишварамон ањли маориф низ ин љашни пуршарафи миллатро ботан-тана ва дар заминаи худшиносию ифтихори миллї таљлил менамоянд. Таманнои онро дорам, ки Ватани мањбуби мо њамеша чун ошёни Сулњу Вањдат ва Бахту Саодат боќї бимо-над ва Истиќлолияташ бегазанд бо-шад ва мардумонаш доиман гаравиш бо илму дониш дошта бошанд.Бори дигар оѓози соли нави тањсил ва

Рўзи донишро ба њамаи шумо, устодону шогирдон, волидони муњтарам ва кулли алоќамандони мактабу маориф табрик мегўям ва бароятон фаъолияти бавусъ-ат, саодатмадию рўзгорони бафайз ор-зумандам.Соли нави тањсил муборак!

ЉАЊОНРО БА ДОНИШ ТАВОН ЁФТАНПаёми табрикии вазири маорифи Љумњурии Тољикистон,

Нуриддин Саидов ба ифтихори оѓози соли нави тањсили 2012-2013

(Аввалаш дар сањ.1)

27 август дар шањри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат Эмомалї Рањмон се бинои боњашамати иловагї дар назди ду мактаби мављудаи

тањсилоти умумї ифтитоњ ёфт, ки њар се бо тарњу намои замонавї бунёд гар-дида, дорои шароити муосир мебо-шанд.Ду бинои аввал, ки яке бинои зебою

муљањњази таълимї ва дувумї маљмааи сеошёнаи варзишї мебошад, дар назди мактаби раќами 56 дар кўчаи Љомии ноњияи Сино бо тарњи хеле зебо бу-нёд ёфтаанд. Бинои нави таълимии ин мактаб барои 1280 хонанда дар 2 баст пешбинї шуда, дорои 36 синфхона, аз

љумла, синфхонањои муљањњази фаннї барои дарсњои компютерї, физика, химия, биология, забонњои хориљї ва ѓайра мебошад.

Бинои иловагии дигари таълимї дар назди мактаби раќами 97, ки дар мањаллаи Авул-2-и ноњияи Синои пой-тахт ќарор дорад, мавриди бањрабардорї ќарор гирифт.Ин бинои сеошёна аз 16

синфхонаи зебою муљањњаз иборат буда, барои 640 хонан-да дар ду баст пешбинї шуда-аст.Сокинони мањаллаи Авул-

2 аз ифтитоњи ин бино басо шоду масрур гардиданд, чун-ки биноњои ќаблии мактаб

хеле кўњнаю фарсуда ва осебпазир шуда буданд ва шароити таълимї низ дар онњо ба талаботи замон љавобгўй набуд.Ин бинои зебо, њамчунин, дорои

маљлисгоњ бо 220 љойи нишаст, варзишї бо 130 љойи нишаст барои тамошоби-нон ва ошхонаи муљањњаз мебошад.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Љумњурии Тољикистон иттилоъ доданд.

ИФТИТОЊИ СЕ БИНОИ ИЛОВАГЇ

№ 35 30 августи соли 2013 3ОМЎЗГОР НИШОТ ИФТИХОР

Боиси ифтихору сарбаландии мост, ки аљдоди шарафмандамон тавониста-анд дар тўли садсолањо бо истифода аз хираду дониш ва таљрибањои андўхтаи хеш давлатњои бузургу тавоноеро бунёд намоянд ва ба ин васила барои рушди љомеаи љањонї сањми дурахшон гузо-ранд. Бузургї ва шањомати давлатдории

пешиниён наслњои мнибаъдаро водор мекард, ки њамеша дар фикри бунёд ва поягузории давлати комилан миллї ва дорои ояндаи равшан бошанд ва ор-зуву омоли гузаштагонро аз лавњи хотир зудуда насозанд.Барои тољикон танњо пас аз солњои

тўлонї, 9-уми сентябри соли 1991 му-яссар гардид, ки ба љањониён аз оѓози марњилаи нави сарнавиштсозу таърихии худ, яъне, эълон шудани соњибистиќлолии давлати воќеї башорат дињанд. Бинобар ин, он рўз ба њар сокини мамлакат ази-зу муборак мањсуб меёбад ва ин рўзест, ки љашни бузургу муќаддаси тољикон - Рўзи Истиќлолияти давла-тии Љумњурии Тољикистон бо рўњияи бесобиќаи идона, шодмониву сурури умумимиллї, тантанањои самимонаи васеъ ва хотирмон ва шукргузорї аз за-мону даврони соњибистиќлолї ва озо-дии миллї истиќбол мегардад. Вале дар ибтидои ин давра кишвар ба гирудори

љанги шањрвандї ва муборизањои тезу-тунди ќуввањои мухталиф мувољењ гар-дид, ки аз берун идора карда мешуд. Аз рўзњои нахустини роњбарии худ Сарвари давлат эълон дошт, ки барои бо роњи демократї пеш бурдани кишвар, таъми-ни сулњу салоњ ва осоиштагї, сохтмони

бунёди коргоњу иншооти иќтисодию иљтимої, бахусус, неругоњи барќї ва дигар корхонањои саноатї ва бо ин роњ фаровон намудани неъматњои моддї ва дар маљмўъ бурун овардани Ватани азизамон аз њолати вазнину фалокатбор иќдом хоњад варзид. Эмомалї Рањмон мушкилињои ибти-

дои соњибистиќлолиро бо такя ба азму иродаи миллати азизи худ ва тадбирњои оќилонаву сариваќтї ислоњ карда, бо маќсади солим гардонидани вазъи љомеа ва ба љараёни созанда табдил дода-ни зиндагии ањли мамлакат тадбирњои судмандро дар амал татбиќ намуд. Мустањкам кардани сохторњои давлат, ислоњоти сиёсиву идоракунї, тањким бахшидани рукнњои давлати демократии муосир дар сархати тадбирњои муњими роњбарияти кишвар ќарор гирифтанд.Аз љумла, соли 1994 лоињаи нави

Конститутсияи ЉТ ба муњокимаи умумихалќї гузошта шуд, ки перомуни

фаслу боб ва моддањои гуногуни он ањли љомеа назару пешнињодоти худро иброз дошта, дар такмил ин санади муњими давлатдорї сањми муносиб гузоштанд.

6 ноябри соли 1994 дар таърихи соњибистиќлолии Тољикистон Конисти-тутсия (Сарќонун)-и нави кишвар ќабул

карда шуд, ки он Тољикистонро ба њайси давлати демократии сулњхоњ муаррифї кард. Муњимтарин масъалаи љомеаи киш-

вар ба даст овардани сулњу оштї миёни неруњои даргир мањсуб меёфт, ки њукумат онро дар мадди аввал мегузошт. Нињоят, 27-уми июни соли 1997 дар

шањри Маскав бо ширкати намоянда-гони Созмони Милали Муттањид ва кишварњои кафил Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризояти миллї ба имзо расид.Соњибистиќлолї имкон фароњам

овард, ки давлат масъалањои марбут ба имрўзу фардои худро њаллу фасл наму-да, ба марњалаи созандагию бунёдкорї ќадам гузорад.Бо ташаббус ва иќдомоти бузурги Пре-

зиденти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар солњои соњибистиќлолї Ва-тани мо симои наву замонавї гирифт, пойтахти мамлакат шањри Душанбе до-

рои биноњои серошёна, ќасрњои варзишу истироњат ва коху корхонањои бузурги саноатї гардид. Ќасри миллат, Китоб-хонаи миллии Тољикистон, Осорхонаи миллї, боѓу гулгаштњои наву замонавї ба таври шинохтанашаванда пойтахтро њусни тоза бахшид.Дар тамоми манотиќи кишвар, вилоя-

ти мухтори Кўњистони Бадахшон, Суѓду Хатлон, водии Рашт ва дигар ноњияњои тобеи марказ созандагию бунёдкорї ављи тоза пайдо кард.Ин бунёдкориву созандагињои азиму

бесобиќаи зикршуда обрўи халќи тољикро дар минтаќа ва љањон афзуда, кишварро ба сўи ояндаи неку шукуфон пеш меба-рад. Имрўз Созмони Милали Муттањид ва љомеаи љањонї Тољикистонро чун киш-варе, ки ислоњоти фарогири иќтисодию иљтимоиро муваффаќона пеш мебарад, эътироф карда, таљрибањои арзишман-деро, ки дар соњањои гуногун ба даст омадаанд, ба кишварњои рў ба инкишоф тавсия медињад. Таљрибаи сулњи тољикон чун модели навтарини сулњофарї ши-нохта шудааст. Тољикистон аз лињози иќтисодиву ќувваю тавони арзишманде-ро молик шуда, маљмўи мањсулоти дохи-лии худро сол то сол афзоиш мебахшад ва аз њамин љост, ки сатњи некўањволии ањолии мамлакат тадриљан боло мера-вад.

22-юмин солгарди Истиќлолиятро давлати Тољикистон чун меросбари та-маддуни бузург, ганљинаи бебањои илму маърифат, макони неъматњои моддї ва бойигарињои табиї истиќбол мекунад, ки њамаи ин мояи сарфарозию ифти-хори њар як соњибватан аст. Бо шу-кри соњибистиклолї мо ба арзишњои олии инсонию шањрвандї ба монанди дўстию њамдилї, вањдати миллї, созан-дагию сулњ арљ мегузорем ва онњоро чун гавњараки чашм њифз менамоем.Оре, мо шукр мегўем, ки чунин Ватан

дорем, чунин давлати соњибистиќлолу озод дорем. Истиќлолият, ифтихори бузур-

ги соњибватанї, масъулияти бузур-ги ватандорї, сарчашмаи хушбахтию хушрўзї ва сарбаландиву сарсабзии та-моми мардуми кишвар аст.

Ширин ЌУРБОНОВА, директори Коллељи омўзгории ДДОТ,

номзади илми таърих

ШАЊОМАТИ ИСТИЌЛОЛ

Боиси ифтихору сарбаландии мост,

љтудрддн

Муассисањои таълимї њамчун макони илму маърифат, вањдату дўстї ва њамдиливу њамдигарфањмї аз пайи рисо-лати худ мешаванд. Асолати омўзгори зањматпеша њамчун фарди дорои хусусиятњои башардўстонаи таълиму тар-бия ва эњтиромкунандаи њуќуќу озодињои таълимгирандагон эњсос мегардад. Ањли 2 мил-лионнафараи маорифчиёни љумњурї масъулияти бузурги созандагиро ба дўш гирифта, бањри тарбияву таълими насли наврас саъю азм ва талошњои фаровон ба харљ медињад. Боиси хушнудист, ки Соли

нави тањсилро ањли маорифи кишвар бо рўњияи баланди ќаноатмандиву њавасмандї оѓоз менамоянд. Дар арафаи Соли нави тањсил бо такмилу тайиро-ту иловањо ва дар шакли мукам-

мал ба тасдиќ расидани Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф», ки он њамчун санади рањнамои соњаи мао-риф ба шумор рафта, асосњои њуќуќї, ташкилї, иљтимої ва иќтисодии соњаи афзалиятноки љомеа- маорифро муайян ме-намояд, нерўбахшандаи ањли маорифи кишвар аст. Зеро, дар тањрири нави Конуни маориф ба макому мартабаи омўзгор таваљљуњи хоса зоњир гардида-аст.Њамчунин, њавасмандии

дигари маорифчиёни кишвар ин ба тавсиб расидани Фар-мони Президенти Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тадбирњои таќвият бахши-дани сатњи њифзи иљтимоии ањолї ва зиёд намудани мао-ши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатї, корман-дони муассисаю ташкилотњои буљетї, андозаи нафаќа ва сти-пендия» мебошад. Тибќи фар-мони мазкур аз 1-уми сентябри соли 2013 маоши кормандони соњаи маориф зиёд карда шуда, музди мењнати кормандони муассисањои томактабї ва муассисањои тањсилоти умумї ба андозаи 30% ва музди дигар кормандони соњаи маориф ба андозаи 20% баланд бардошта мешавад. Андозаи музди миё-наи минималї низ 25% афзуда,

ба 250 сомонї баробар мегар-дад. Имрўзњо номи кишвари

мањбубамон - Тољикистон мањз тавассути иќдомњои хайрхоњона ва ташаббусњои наљибонаи Сарвари хирад-мандамон, муњтарам Эмомалї Рањмон бо баргузории Конфе-ренсияи байналмилалии сатњи баланд оид ба њамкорї дар соњаи об, ки њамагї чанде пеш дар шањри Душанбе бо иш-тироки намояндагони зиёда аз 70 кишвару ташкилотњои байналмилалї доир шуд, вирди забони љањониён ва воситањои ахбори умум гардид. Њамоиши мазкур

Тољикистонро њамчун саргањи обњои хуштамъу аз љињати экологї тоза, захирањои оби ошомиданї, захирањои бойи ва энергетикї, кишва-ри аз нигоњи иштирокдоро-ни конференсия афсонавии бињиштосо мавзеъњои зиёди таърихї муаррифї намуд. Дар 22 соли соњибис-

тиќлолии миллии кишвара-мон хамагон шоњиди садњо дастовардњо шудаем. Њамаи ин ба шарофати Истиќлолияти давлатї, сулњу субот, тантанаи вањдат, њамдилї ва њамфикрї аст. Зебоиву шукуфої, ободї, гулафшонии диёри бињиштосо, зиндагии хушу хуррам, њамасола ба истифода додани садњо муассисаи таъ-лимию корхонањои саноатї, рўз аз рўз боло рафтани сатњи дониши љавонон, ба китобхо-наву марказњои фарњангї ва маърифатї рў овардани онњо ва амсоли инњо, дастовардњои Истиќлолияти давлатї мебо-шанд, ки мањз тавассути сулњу вањдат ба даст омадаанд.Пас, дарси аввали Рўзи До-

ниш бояд Дарси Сулњ ва мањз талќини шарофати пойдорию безаволии он бошад!

Раљабалї САНГОВ,сармутахассиси раёсати илм

ва инноватсияи Вазорати маорифи Тољикистон

РЎЗИ ДОНИШ ДОНИШУ СУЛЊ ТАВЪАМАНД

Муассисањои таълимї

мЉбсрњиљнмтбта

Аз авлоди Куруши ќањрамону

оли Сомонам,

Табори Рўдакию Њофизу

Саъдии хушхонам.

Ба рўйи мазраи ин чархи

гардуни куњанбунёд,

Њазорон шукри Яздон мекунам,

к-аз Тољикистонам.

Ќабои тољдорон - хусравонї

ифтихори ман,

Суруди миллии тољик рамзи

гирудори ман.

Нишони миллати

соњибтамаддун эътибори ман,

Дурахши парчами хушранг

шаъни рўзгори ман.

Њазорон шукри истиќлолу

таќдири худододам,

Ки соњибмулку соњибихтиёру

фарди озодам.

Ва меболам чу дигар

родмардони Ватан, к-имрўз,

Дар оѓўши диёри орзуњо

хурраму шодам.

Бобохон БАРОТОВ,

омўзгори гимназияи хусусии ба

номи Абўрайњон Беруни

ноњияи Рўдакї

ØÓÊÐÎÍÀ

№ 35 30 августи соли 20134 ОМЎЗГОР ДОНИШ ТАЛАБУ... 1 СЕНТЯБР – РЎЗИ ДОНИШ

Табъи њама болидаву табассум бар лаб,бо шодию сурур сўйи дабистон мешитобанд. Ин њама шањодати он аст, ки боз соли нави тањсил, рўзи Дониш ва давраи илмомўзї оѓоз меёбад. Дар ин рўз омўзгори арљмандро имкон даст медињад, ки бори дигар бо толи-билмон дар мавриди фазилату манфиати илму дониш барои ин-сон ва ањамияти он дар пешбурди љомеа ва давлат, наќши илму маъ-рифат дар тањкими сулњу вањдат, дўстию рафоќат њарф бизанад. Бори дигар аз ин лањзаи муно-сиб истифода намуда, дар дили поку беолоиши шогирдон мењру муњаббатро нисбат ба илму до-ниш, ки њадяи бузург ва яке аз пу-рарзиштарин неъматњои илоњист, бедор намояд. Ногуфта намонад, ки Рўзи Дониш ва Дарси Сулњ њамеша дар фазои фарањбахшу идона баргузор мегардад. Омўзгори хушсалиќа метавонад дар ин дарс аз паёму гузориш ва таъкидњои Президенти мам-лакат Эмомалї Рањмон доир ба мактабу маориф ва илму дониш самарабахш истифода намояд. Бахусус, аз суханронии ахирии ў дар вохўрї бо ањли љамоатчигии кишвар, ки ба илму дониш ва кас-бу њунаромўзии љавонон нигаро-нида шуда буд, истифода намудан бамаврид астБа њангоми омодагї ба ин дарс

устод метавонад ба ашъори шуа-рои пешин ва муосир мурољиат намуда, дурдонањое аз эљодиёти онњоро дар мавзўи илму дониш, сулњу вањдат ва дўстию рафоќат ва маќоми онњо дар зиндагии инсон ба толибилмон пешкаш созад.Некўтарин неъмати зиндагї

илму дониш аст. Илму до-ниш мояи камолоти маънавию ахлоќии инсон дониста шудааст. Поягузори шеъри дарї, устод Рўдакї мартабаи илму донишро дар зиндагии инсон муњим до-нистааст. Ў таъкид мекунад, ки инсон њамеша ба дониш ниёз до-рад. Он гирењкушои мушкилињои њаёт буда, роњнамои зиндагии бо-саодат мебошад. Бањри камолоти инсон илму донишро шарти асосї мењисобад. Ў донишро пурар-зиштарин ганљи олам њисобида мегўяд:Њељ ганље бењтар аз фарњанг

нест,То тавонї, рўй бар ин ганљ нењ. Дар љои дигар устод донишро

чун чароѓ ё худ фурўѓе мењисобад, ки дили њар як инсонро рушан намуда, чун љавшан ўро аз њама гуна офатњо нигоњ медорад.Дониш андар дил чароѓи

равшан астВ-аз њама бад бар тани ту

љавшан аст.Њаким Фирдавсии бузург до-

нишро воситаи бењтарини шинох-ти дунё дониста, донишмандро тавонотарин шахс мењисобад.Љањонро ба дониш тавон

ёфтан,Ба дониш тавон риштану

бофтан.

Тавоно бувад, њар кї доно бувад, Ба дониш дили пир барно бувад. Муњаммад Ѓазолї, ки дар

љањони донишу дурандешї аз љумлаи бузургтарин номоварони бархурдор аз андешаи инсонист, «ѓизои дил маърифат аст, њарчанд беш бошад, боз бењтар», мегўяд.

Гузаштагони мо манфиати илму донишро хеле зиёд васф намуда, дар бораи зиёну зарари бедонишию бемаърифатї сухан гуфтаанд. Шоир ва файласуфи бузург Носири Хусрав бањри инсони комил будан як зумра сифатњоеро ном мебарад, ки ум-датарини онњо соњиби илму до-ниш ва хираду хирадмандї буда-ни шахс мебошад. Ба дониш шод гардї аз дилу љон,Ки бедониш бувад љовид њайрон.Љамоли одамї дар илм бошад,Камоли одамї дар њилм бошад.Ба ќавли мутафаккир, вази-

фаи илму дониш тарбия ва ба ка-мол расондани шахс аст ва онро танњо бо љидду љањд ва саъю та-лоши мунтазам ба даст овардан мумкин аст. Баръакс, агар касе «таќсир кунад андар талаби илм … , ба камоли хеш нарасад ва майл сўйи фасод кунад». Низо-мии Ганљавї низ илму донишро дар зиндагии инсон мабдаи асосї шумурда, онеро, ки дониш дорад, муќтадир мебинад. Њар кї дар ў љавњари доноияст,Бар њама кораш тавоноияст.

Ў мардумро ба омўхтан њидоят намуда, ќайд мекунад, ки шахси доно метавонад тавассути илму дониш аз хор гулу аз санг лаъл ба даст орад.Њар кї з-омўхтан надорад нанг,Гул барорад зи хору лаъл аз

санг. Дар баробари ин илму дониш-

ро омили бењбудии рўзгор дони-ста, дар љойи дигар мефармояд:Дониш талабу бузургї омўз,То бењ нигарад рўзат аз рўз.Шахси бемаърифату бедониш

дар орзуи хушиву осудагї набу-да, пархошљўй аст. Басо бемаърифату зишт аст,

касе, ки сулњу осоиштагиро намехоњад. Шайх Саъдї ба ин маънї гуфтааст:На дониш бошад он касро,

на фарњанг,

Ки ваќти оштї пеш оварад љанг.

Абдурањмони Љомї рањої аз љањлу нодониро дар андўхтани илму дониш мебинад. Таъкид ме-кунад, ки уќёнуси илму маърифат беохир аст ва барои аз худ карда-ни он умр кўтањї мекунад. Инсон бояд умри хешро сарфи омўзиш намояд.Нахуст аз касби дониш

бањравар шав,Зи љањлободи нодонї бадар шав.Вале по сўйи дониш нењ дар ин

роњ, Ки илм омад фаровон, умр

кўтоњ Панду андарз ва суханони

њакимонаи ниёгонамон доир ба илму дониш ва маърифат бењадду њисоб аст ва мо танњо чанде аз онњоро ин љо овардем то омўзгорон битавонанд аз он њангоми ташкили дарси Дониш

ва Сулњ истифода намоянд.

Бунафша ЃАНИЕВА,

омўзгори лит-сейи №55-и

шањри Душанбе

НОДОНЇ БАДАР ШАВЗИ ЉАЊЛОБОДИ

ддд

рс

Калиди кохи дониш дар китоб аст,

Њар он к-ў бекитоб аст, дар азоб аст

*** Гар бихоњї, бошї доим комёб,Њамдамї мекун њамеша бо

китоб.***

Њар гањ ки дур аз китоб монї,Гар шоњи љањонї, нотавонї!

***Њама ганљи саодат дар китоб

аст,Сафои њар ибодат дар китоб

аст.***

Бошадо њар сафњае андаркитоб

Бар њазорон пурсиши одам љавоб.

*** Њар китобе ифтихори миллат

аст,Бо китоб њар миллате беиллат

аст.***

Аз китоб њар уќдае вомешавад,

Роњи сўи бахт пайдо мешавад.***

Њар халќ, ки беш бо китоб аст,Сар пеши адў намекунад паст.

***Дўстам, рў бар китоб орї агар,Зиндагониат бигардад пурса-мар.

*** Китоб аз даст додан

нотавонист,Ба даст овардани он

ќањрамонист.***

Њар он гањ бо китобам,комёбам,

Агар дур аз китобам, даразобам.

*** Бењтарин устоди мо бошад

китоб,Роњи моро нур мепошад китоб.

*** Бењ аз ту, китоб, ёри дилсўз

мабод,«Рўзе, ки туро набинам, он рўз

мабод!»***

Бо китоб, эй дўст, чунафсонамард

Метавонї сайри сад сайёра кард!

*** Тифли ту гардад каси

олиљаноб,Зери болинаш агар монї китоб.

*** Њар китоби хуб-як дунёи нав,Ёри нав, њамроњи нав, маъвои нав.

*** Гар бихоњї дур бошї аз хатар,Бе китоб њаргиз макун азми

сафар.***

Арши миллатро китоб аст офтоб,

Шод бодо миллати соњибкитоб!

*** Сафои зиндагонї дар китоб

аст,Баќои зиндагонї дар китоб

аст.***

То китобе њаст, дорад зиндагї њусни тамом,

То китобе њаст, мо – хушрўзгору шодком.

*** Аз китоб олам гулистон

мешавад,Рўз – хуррам, шаб чароѓон

мешавад.***

Калиди ганљњо андар китоб аст,

Њама дунёи мо андар китоб аст.

*** Дилбастагї бар китоб мебояд

дошт,Аз њикмати он хитоб мебояд

дошт.***

Китоб афтода аз чархи барин аст,

Бењин ганљина бањри одамин аст.

*** Китоб аз мо рабояд ѓуссаю ѓам,Мабодо аз китобе сафњае кам!

Абдурауф МУРОДЇ

4 СЕНТЯБР – РЎЗИ КИТОБ

ÒÎ ÊÈÒÎÁÅ ЊÀÑÒ…

Ба шарофати дастёбї ба Истиќлолияти давлатї дар љумњурии азизамон дигаргунињои зиёде ба вуќўъ пайвастанд ва дар радифи дигар омилњо арзишњои адабию фарњангї низ то љое таѓир пази-руфтанд. Аз љумла, ба адабиёти кўдакон таљдиди назар шуд, меъёри бањодињї ба он дигаргуна гашта, талабот ба мазму-ну муњтаво ва корбасти санъатњои бадеї дар адабиёти мазкур бештар гардид. Ин њолат дар ќатори талаботи дигар зарурати чопи тазкираи адабиёти бачањоро ба миён овард. Ва инак, бо ибтикори Иттифоќи нависандагони Тољикистон «Тазкираи адабиёти бачањо» дар 4 љилд омодаи чоп гардид ва чанде пеш љилди аввали ин таз-

кира аз тариќи нашриё-ти «Адабиёти бачагона» бо теъдоди 5000 нусха ва мутобиќ ба силсилаи «Ки-тобхонаи мактаб» бо си-фату ороиши баланд ба чоп расид. Ин љилд, ки мураттибонаш шоиро-ни маъруфи кўдакон Алї Бобољон ва Љўра Њошимї мебошанд, намунањои наз-ми кўдаконаро дар бар мегирад (аз љумла, ашъо-ри кўдаконаи С.Айнї, А.Лоњутї, М.Турсунзода, О.Аминзода, Н.Баќозода,

А.Дењотї, М.Миршакар…). Ба нахустљилди тазкираи маз-кур раиси ИН Тољикистон Мењмон Бахтї сарсухан на-вишта, сохтор ва мундариљаи њар чањор љилди тазкираро тавзењ бахшидааст.

«Тазкираи адабиёти бачањо» китоби рўимизии хонандагони хурдсол хоњад буд ва ба устодони адабиёти тољик низ дар таълими кало-ми бадеъ мадад хоњад расонд.

А.ИЛЁСПУР,«Омўзгор»

КИТОБИ НАВ «ТАЗКИРАИ АДАБИЁТИ БАЧАЊО»

№ 35 30 августи соли 2013 5ОМЎЗГОР ЉАШНВОРА

Вазифаи ин шуъбањо аз омўзиши проблемањои асосии педагогика ва ме-тодикаи умумї, тањияи китобњои дарсї, барномањо ва усули таълими фанњои алоњидаи мактаби ибтидої ва миёна, масъалањои политехникикунонии мактаби ибтидої ва миёна, омўзиши проблемањои педагогї ва равонї, хусусиятњои педагогию-психологии хурдсолон иборат буд.Тадриљан бо пешрафти илму мао-

риф мавзўњои бунёдии Институти илмї-тадќиќотии илмњои педагогї тачдиди назар шуда, дар амал тадбиќкунии ин мавзўњо (солњои 1962-1989), робитаи онњо бо мактабу маориф, хулосаю натиљањои илмї, тадбиќи онњо дар амалия ва роњњои такмили босама-ри онњо, фаъолияти илмии олимону дониш-мандони ин муассисаро ташкил менамуд. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар њаллу фас-ли ин масъалањо ходимони илмии муассисаи мазкур сањми арзандаи худро гузоштаанд. Вазифа ва мазмуни кори Пажўњишгоњи

рушди маориф (28.12.2006) баъди эъломияи соњибихтиёрї ва мустаќилияти Љумњурии Тољикистон ба куллї таѓир ёфт. Њалли мушкилоти дар шароити нави иќтисодию иљтимої ба амаломадаи соњаи маориф, роњњои татбиќи Консепсияи мактаби миллї, баланд бардоштани сифати тањсил бо роњи коркарди мавзўњои замонавї дар мувофиќа бо низоми нави таълим, тала-боти Стандартњои тањсилот, истифодаи технологияи муосир дар низоми таъли-му тарбия масъалањои мубрами самтњои фаъолияти муассиса ба њисоб мерафтанд. Аз љумла, тањлили асосњои назарию мето-дии мавзўњои илмї, масъалањои коркарди наќшаю барномањои таълимї, китобњои дарсї, дастурњои методї бо истифода аз татбиќи равандњои инноватсионї дар маз-муну мундариљаи онњо зери назари олимону тањќиќотчиён ќарор доштанд. Тавре дар боло зикр гардид, дигаргун-

шавии љомеа зарурати муайян намудани асосњои назариявї ва самтњои асосии мазму-ни тањсилот, аз љумла, тањсилоти томактабї ва ибтидоиро дар асоси њуљљатњои меъёрї-њуќуќии соња, талаботњои Стандарти дав-латии тањсилоти томактабї ва ибтидої,

Консепсияи миллии маълумот, Консепсияи миллии тарбия, Барномаи давлатии руш-ди маорифи Љумњурии Тољикистон барои солњои 2010-2015, Консепсияи гузариш ба ни-зоми нави тањсилоти миёнаи умумї (12-сола) дар Љумњурии Тољикистон дар бар мегирад. Тибќи талаботи пешнињодшуда ходимони илмї љорї намудани низоми нави тањсилот дар зинаи якум – тањсилоти ибтидоии умумї (синфњои 1-5) ва аз синни 6-солагї ба тањсил фаро гирифтани кўдаконро зери тањќиќ ќарор дода, бозёфти роњњои босамари ба-ландбардории сифати илмї-методии раван-ди таълим, фароњам овардани имкониятњои баробар барои кўдакони дењот доир ба гирифтани тањсилоти умумии босифат ва тањияи тадбирњои мушаххас оид ба дастги-рии онњоро фаро мегирад. Бояд ќайд кард, ки мазмуну мундариљаи

маълумоти томактабї ва ибтидої дар ро-бита бо асосњои педагогию психологї, ки ба инкишофи ќобилиятњои равонї (инчу-нин, бањисобгирии кўдакони имконията-шон мањдуд), љисмонї (ба кўмаки тиббию иљтимої эњтиёљманд) ва фикрии кўдакон ва хонандагон бо истифода аз равандњои инноватсионї, ки бањри самарабахшии љараёни таълиму тарбия равона шудаанд, дар тањќиќоту озмоишњо, дастуру маќолањои ходимони илмї инъикос ёфтаанд. Аз љумла, тањияи Стандартњо, барномаю васоити таъ-лим аз нигоњи омодагии кўдакон ба мактаб, љорї намудани муттасилї дар кўдакистону мактаби ибтидої имконият медињад, ки кўдакони 6-сола фаъолона ба раванди таъли-му тарбия ворид гарданд. Инчунин, асосњои назариявї ва амалии њамкорї бо оила бо маќсади баланд бардоштани маърифат ва масъулияти волидон барои нигоњубин ва инкишофу тарбияи фарзандон зери тадќиќ ќарор меёбад. Пажўњишгоњи рушди маорифи Акаде-

мияи тањсилоти Тољикистон 03 декабри соли 2012 имрўз тасмим гирифтааст, ки барои пешрафти соњаи маориф ва руш-ди илми педагогика вазифањоеро анљом дињад, ки ба мушкилоти асосии тањсилоти љумњурї ва илм вобаста бошанд. Аз зумраи рушди пажўњишњои бунёдї дар самтњои асосии илмњои педагогика, психологи-яи педагогї, дидактика, њамоњангсозии илми педагогикаи мактаб ва муассисањои тањсилоти олии кишвар ба хотири амалї намудани сиёсати давлат дар соњаи мао-риф, тањияи роњнамо ва дастуру маќолањо дар асоси дастовардњои илми педагогикаи љањонї ба боло бурдани сатњи мактабу ма-ориф пайванд мебошанд. Баъд аз вохўрии вазири маориф Н.Саидов бо муаллифони китобњои дарсї (15.04.2012), ќарори Му-шовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон №12/21 аз 28.07.2012 «Доир ба тањия ва чопи методикаи таълими

фанњо барои омўзгорони муассисањои тањсилоти томактабї ва миёнаи умумї» ва љаласаи кории вазири маорифи Љумњурии Тољикистон бо тањиягарони «Роњнамои омўзгор» (18.12.2012) дар муассиса наќшаи чорабинињо омода гардида, бо фармони директори ПРМ Ш.Исрофилов 15 гурўњи корї таъсис дода шуд. Љадвали баргузо-рии љамъомад-машваратњои дастурдињї бо тањиягарон ва таълифкунандагони «Роњнамои омўзгор» мураттаб шуда, дар асоси бо роњбарии муовини соњавї ва муал-лифони китобњои дарсию кормандони ил-мии пажўњишгоњ ва коршиносони соња 19 љамъомад-машварати дастурдињї баргузор гардид. Дар љамъомадњои баргузоршуда ба-рои тањия ва таълифи «Роњнамои омўзгор» ба таълифкунандагон тавсияњои мушаххас ва судманд пешнињод гардид. Њамчунин Низомномаи тањияи методикаи таълим ва роњнамои омўзгор мураттаб шуда, дастра-си таълифкунандагон гардонида шуд. Дар њамин радиф лоињаи шартнома дар бораи таълифи “Рањнамои омўзгор” байни Вазо-рати маорифи Љумњурии Тољикистон ва тањиягарон (муаллифон) омода гардида, бо Вазорати маориф мувофиќа кунонида шуд. Моњи апрели соли љорї 14 номгўй «Рањнамои омўзгор» таълиф ва дар шакли электронї омода шуда, ба Вазорати мао-риф пешнињод гардид. Самти дигари босамару нави фа-

ъолияти муассисаро таъсиси Шўрои њамоњангсозии мавзўњои илмї-тањќиќотии илмњои педагогї дар асоси ќарори му-шовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон «Дар бораи самтњои асосии фаъолияти Пажўњишгоњи рушди маори-фи Академияи тањсилоти Тољикистон аз 28.07.2012, № 12/4” дар назди пажўњишгоњ ташкил медињад. Шўрои њамоњангсозї бо маќсади танзим ва ба талаботи ислоњоти соњаи маориф мутобиќ гардо-нидани тањќиќоти илмї дар соњаи илмњои педагогї ва њамоњангсозии мавзўњои ил-мию тањќиќотї дар низоми тањсилоти олии касбї; муайян намудани самтњои асосии тањќиќот оид ба масъалањои педагогикаи томактабї, мактаби тањсилоти миёнаи умумї, муассисањои тањсилоти ибтидої, миёна ва олии касбї, ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон, барномањои дав-латии марбут ба соњаи маориф ва илмњои педагогї; њамоњангсозии тањќиќот аз рўи самтњои асосї ва мушкилоти фанни педа-гогика, ташкили конфронсњои илмї оид ба масъалањои педагогика ва корњои мактабї дар љумњурї, тарѓиби донишњои педагогї байни љомеа ва волидайнро роњандозї ме-намояд.Дар љаласањои Шўро тарзу усулњои

муосири њамоњангсозии мавзўњои илмї- тањќиќотии илмњои педагогї, наќшаи дур-

намои Шўро дар мувофиќа бо «Низомномаи Шўрои њамоњангсозии мавзўњои илмї-тањќиќотии илмњои педагогї» андешањо баён мегарданд. Дар њамин радиф Шўрои њамоњангсозї, аъзои Шўро ва мудирони кафедрањои педагогикаи муассисањои олии касбї (љамъ 62 кафедра) пешнињод на-муданд, ки минбаъд мавзўњоеро интихоб намоянд, ки ба њалли мушкилоти маориф мусоидат намоянд. Бинобар ин, бояд ин кафедрањо бо Шўро дар иртибот бошанд ва мавзўњои илмї-тањќиќотиро бо Шўро њамоњанг созанд. Тазаккур мебояд, ки минбаъд дар риштаи методикаи таълим низ мавзўњо мавриди тањќиќот ќарор меё-банд. Дар назди Шўро маркази тањќиќотї-стратегї (дар гурўњњо) таъсис дода шуд, ки минбаъд корњои зеринро анљом медињад: муайян кардани мазўъњои илмї- тањќиќотї барои 5 сол; омўзиши тањќиќоти љањони муосир; ба роњ мондани њамкорї бо оли-мони Иттињоди Давлатњои Мустаќил.Фењрасти рисолањои њимояшуда ба-

рои дарёфти дараљаи илмии номзадї ва докторї аз рўи ихтисосњо дар даврони истиќлолият (500 номгўй) омода гардони-да шудааст. Њайати Шўро 120 мавзўъи на-вро, ки бештарашон ба риштаи методикаи таълим мансубанд, барои тањќиќоти мин-баъда аз тарафи олимони муассиса тањия ва мавриди баррасї ќарор доданд. Баъд аз муњокима мавзўњо њамоњанг ва барои тасдиќ ба Мушовараи Вазорати маориф пешнињод гардиданд. Дар Пажўњишгоњи рушди маориф шуъбаи докторантура ва аспирантура низ фаъолият мекунад. Мувофиќи банди 69-и Низомномаи тайёр кардани кадрњои илмї ва илмиву педагогї дар Љумњурии Тољикистон (Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон, №308, аз 02.07.2008) дар шуъбаи аспирантура ва докторантураи пажўњишгоњ аз соли таъсисёбї то ба имрўз 148 нафар (135 на-фар унвонљўёну аспирантон ва 31 нафар докторантон) бо унвони илмї мушарраф гардиданд. Албатта дар тўли ќариб 80 соли

мављудияти худ Пажўњишгоњи рушди мао-риф ба душворию мушкилињои муайян низ дучор гардидааст, вале њар бор бо дарёфти љидду љањди раёсат ва ходимони илмии му-ассиса онњо њалли худро ёфтаанд. Имрўз низ дар пажўњишгоњ проблемањои њалталаб кам нестанд, лекин бо боварї метавон гуфт, ки ходимони илмї онњоро бартараф карда, бањри пешбурди маорифи кишвар, нерўи аќлонї ва навоварињои илмии худро дареѓ намедоранд.

Л.ИМАТОВА, муовини директор оид ба корњои методии

Пажўњишгоњи рушди маорифи Академияи тањсилоти Тољикистон,

номзади илмњои педагогї

БАХШИДА БА 80-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ПРМ

ДАР ЉОДАИ РУШДИ МАОРИФ

Вазифаи ин шуъбањо аз омўзиши

КмдсздТид(фќлдб

Аз ин љост, ки новобаста ба проблемањои мављуда, солњои охир ба фаъолияти осорхонањо дар сатњи давлатї ањамият дода мешавад. Дар навбати худ осорхонањо вазифадоранд, ки дар пешбурд ва амал намудани сиё-сати фарњангии давлатї бештар

сањмгузор бошанд.Рисолати осорхона гирдоварї,

омўзиш, њифзу тарѓиби ёдгорињои таърихї, тањќиќи осори мадания-ти моддию маънавї ва иљтимоии инсонњо дар даврањои гуногун мебошад. Дар њаќиќат, осорхо-на њамчун муассисаи махсуси фарњангї дар љомеа наќши бузург бозида, дар пешрафти таълиму тарбия ва инкишофи љањонбинии љавонон кўмаки амалї мерасо-нанд. Он ба омўзгорони фанни таърих ва омўзгорони дигар фанњо имконият медињад, ки аз бозёфтњо (нигорањо) ва гўшаи осорхонањо дар дарсњои худ њамчун аёният истифода намоянд.Президенти кишвар Эмомалї

Рањмон нисбат ба арзишњои таъ-рихии халќамон чунин иброз намудааст: «Омўхтани таърихи халќамон танњо ба хотири до-нистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роњи ояндаи мил-лат ва пешомадњои давлатдориро равшан намуда, барои худогоњии миллї, вањдату ягонагї ва рушду такомули таърихи наслњои оянда хизмат мекунад».

Яке аз чунин маконњои фарњангї осорхонаи маориф мебошад, ки бисёрнигорањои ноди-ру љолиби диќќат дорад. Ба монанди амсилањои «Мактаби кўњна» «Мадра-са», асбобњои хатнависии асрњои 18-19, фалоќ-асбоби љазодињї, китобњои Хоља Њофиз, Бедил, Фузулї ва ѓайра, ки бо њуруфоти арабї навишта шуда, аз рўи онњо дар мадрасањои Самарќанду Бухоро ва Њисори бостон дарс ме-гуфтаанд. Њамзамон, дастурњое бо њуруфоти лотинї, ки он соли 1930 ќабул карда шуда буд, низ гирд оварда шуда, дар намоишгоњи толори дуюм ба на-моиш гузошта шудаанд, ки бањри њар бинанда хело таъсирбахш буда, дар баланд бардоштани њисси миллї боз њам зиёдтар таъ-сир мерасонанд.Инчунин дар бораи фаъолия-

ти аввалин омўзгороне, ки ба-рои зидди мањви бесаводї, барои барќарор намудани њаёти нав

мубориза бурдаанд, маълумот ва маводи муайян љамъ овар-да шудааст. Аз љумла, доир ба мањфилњои омўзишї, ки дар он за-нону духтарон савод меомўхтанд. Расму њуљљатњои дигар аз таъри-хи ташкилшавии аввалин макта-бе, ки дар ковокии дарахти Чи-нор љойгир шуда буд (июли соли 1920), кушодашавии яке аз авва-лин мактабњо дар шањри Душанбе (соли 1920) шањодат медињанд, ки бо тариќи њашар мактабро аз лой

сохтаанд. Барои хонанда-гону донишљуён ин њам дарс њаст ва њам намунаи муќоисаи њаёти имрўза бо гузашта.Ба монанди ин ди-

дани дигар нигорањои нодиру љолиби диќќат маълумотњо њисси ватандўстї ва илмомўзиро боз њам меафзоянд. Ин-чунин, ки макети ќатли аввалин муаллимањо дар Њоит, ки 1-уми апрели соли 1929 ба вуќўъ ома-дааст, дида ё «Муњорибаи асримиёнагї», ки ин бо

мењнати хонандагони мактаби №20 бо омўзгор Ф.Г.Фролов сох-та шудааст, «Киштї», ки њама офариндаи дасти хонандагону муаллимон мебошад, на фаќат та-лабагон, балки мењмононеро низ, ки ба ин осорхона меоянд, дар тааљљуб мемонад.

Љамолиддин АБДУЛОВ,ходими илмии осорхонаи

Академияи тањсилотиТољикистон

ХУДШИНОСЇ

Аз ин љост, ки новобаста ба

са

оттиимнфбтљнти(нди

Ррнх

ОСОРХОНАИ МАОРИФ – ПОРАЕ АЗ ТАЪРИХ

№ 35 30 августи соли 20136 ОМЎЗГОР ТАЊСИЛОТИ КАСБЇ

Аз соли 2010-ум инљониб зинаи тањсилоти ибтидої ва миёнаи касбї самти афзали-ятнок эълон гардид ва тайи се соли сипаришуда метавон гуфт, ки дар ин самт таѓйиротњои бузурги мусбат ба вуќуъ пай-вастанд. Пояњои моддию тех-никии аксарияти муассисањои тањсилоти ибтидоии касбии кишвар тадриљан ба сатњи замони шўравї наздик ме-шаванд. Њамзамон, бархе аз њунаристонњои тањсилоти ибтидої аз лињози рушди сохторї, мазмуну мундариљаи тањсилот, фароњамсозии пояњои моддию техникї ту-файли музаффариятњои соњибистиќлолии мамла-кат љавобгўи стандартњои байналмилалї гардидаанд.

Њамин тавр, метавон гуфт, ки падидањои мусбат дар ин зи-наи тањсилот пайваста ба амал меоянду барои омоданамоии кадрњои коргарии љавобгўи та-лаботи замони муосир заминаи мусоидро фароњам меоранд.Вале њанўз њам дар сам-

ти нињоят муњими ташкилу роњандозии раванди таълим дар зинаи тањсилоти ибтидоии касбї- банаќшагии таълим мушкилоту душворињои зиёде ба чашм мерасанд. Њанўз њам раванди тањсилот дар бар-хе аз фанњои тахассусї аз рўи наќшањои замони Шўравї ба амал бароварда мешаванд. Бори охирин наќшањои дав-латии таълимии ихтисосњои коргари зинаи тањсилоти иб-тидоии касбии љумњурї соли 2012 аз тарафи мутахассисони соња таљдиди назар гардида, аз љониби Вазорати маориф тасдиќ карда шудаанд. Ба ан-дешаи мо, ин наќшањо низ орї аз нуќсон ва комил набуда, ба коркади амиќ ниёз доранд.Вобаста ба њамин, баъзе

андешањои хешро, ки аз омўзиши мазмуну мундариља ва таќсими соатњои дарсии наќшањои таъ-лимии ихтисосњои айни замон дар таълимгоњи мо (литсейи касбии техникии №24), ноњияи Файзобод амалкунанда барме-оянд, иброз карданием.Алњол литсей тибќи

муќаррароти замимаи Иљозатномаи тасдиќнамудаи Хадамоти назорат дар соњаи маорифи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон аз рўи 7 ихтисос њуќуќи пешбурди ра-ванди таълимро дорад. Дар ин радиф ихтисо-

си «тракторчї-машинисти истењсолоти кишоварзї», ки омода кардани мутахас-сисон аз рўи ин ихтисос аз ибтидои таъсиси муассисаи таълимии мазкур идома до-рад, дар мавќеи марказї ќарор гирифтааст. Вобаста ба њамин, дар наќшаи таълимии њамин ихтисос, ки дар соли 2012 аз љониби вазири мао-рифи Љумњурии Тољикистон тасдиќ гардидааст, барои таълиму тадриси фанњои та-хассусии њамин ихтисос, аз љумла фанни «мошинањои кишоварзї» њамагї 214 соат

ва фанни «трактор ва авто-мобил» дар маљмуъ 210 соат пешбинї гардида, аз теъдоди соатњои људошуда, бештар аз 50% онњо љињати баргузор на-мудани машѓулиятњои амалї дар назар дошта шудаанд. Ба андешаи мо, барои дар сатњи зарурї омода кардани мута-хассисон барои чунин фанњои калидии тахассусї ба ин миќдор дар наќша пешбинї кардани соатњои таълимї кифоя нест. Зеро бо чунин теъдод дар муддати се сол омўзонидани асосњои назария-вию амалии фанњои мазкур нињоят душ-вор аст. Дар наќша барои

фаъолияти «таъ-лими истењсолї», маљмўан 996 соат пешбинї гардида-аст, ки аз миќдори умумии соатњо дар раванди таълим 102 соати он љињати пешбурди корњои челонгарї, 36 соат барои нигоњдории воситањои техникї ва 90 соат дар самти пешбурди корњои барќарорсозию таъмири воситањои техникї истифо-да бурда мешаванд, яъне дар маљмуъ барои истифодаи 228 соати он дар дарсњои «таъли-ми истењсолї» самти фаъо-лият муайян карда шудааст. Вале барои истифодаи теъ-доди боќимондаи соатњои ин самти фаъолияти таълимї, ба андешаи мо, «холигоњ» љой дорад. Аз ин рў, ба маќсад

мувофиќ аст, агар теъдоди боќимондаи соатњои барои фа-ъолияти «таълими истењсолї» људокардашуда, ки 768 соа-тро ташкил медињад, њамчун соатњои дарсї дар байни фанњои зарурии тахассусї-«мошинањои кишоварзї», «сохти трактор ва автомобил» ва «ташкили мењнат» таќсим карда шаванд. Дар наќшаи пешнињодшуда

барои ихтисоси «тракторчї-машинисти истењсолоти кишоварзї» аз фанни «ќоидањои њаракати роњ» 99 соат ва барои ихтисоси «челонгар-ронандаи автомобил силсилаи «С» 86 соат дарсњои таълимї пешбинї карда шу-дааст. Хонандагоне, ки аз рўи ин ихтисосњо таълим мегиранд, њамзамон касби «ронандаи ав-томобил силсилаи «С»- ро низ соњиб мешаванд. Бинобар ин, пешнињод кар-

да мешавад, ки теъдоди таъ-лими соатњои фанни мазкур («ќоидањои њаракати роњ») ба-рои ин ихтисосњо яксон, яъне наќшаи ягонаи таълимї тањия карда шавад. Дар мазмун ва мундариљаи

наќшањои таълимї аз рўи

фанњои тахассусї таѓйиротњои зиёд ба чашм мерасанд, ки ба андешаи мо, на њамаи онњо ќобили ќабуланд. Аз љумла, дар наќшаи таълимии ба-рои ихтисоси «челонгар - ро-нандаи автомобил силсилаи «С» барои тадриси фанни

«ќоидањои њаракати роњ аз 86 соати људогардида, 26 соат дарсњои назариявї ва 60 соат љињати пешбурди машѓулияти амалї дар назар дошта шу-дааст. Бо њамин тартиб, дар наќшаи таълимии барои ихти-соси «тракторчї-мошинисти истењсолоти кишоварзї» низ љињати таълими њамин фан аз 99 соати људошуда, 40 соат барои дарсњои назариявї ва

59 соат барои машѓулиятњои амалї пешбинї гардидааст. Ќариб ки айнан њамин њолат дар таълими фанни зикргарди-да дар банаќшагирии соатњои ихтисоси «ронандаи автомо-били силсилаи «С» низ ба на-зар мерасад. Яъне аз 90 соати дар маљмўъ пешбинигардида, танњо 20 соат барои тадриси асосњои назариявї ва 70 соати боќимонда љињати пешбурди машѓулиятњои амалї дар назар дошта шудааст. Тибќи муќаррароти наќшаи

нави пешнињодшуда љињати таълими фанни «Ќоидањои њаракти роњ» баргузор наму-дани машѓулиятњои амалї дар њаљми соатњои зиёди људошуда имконнопазир ва бесамар хоњад буд. Бо ифодаи дигар, бо кадом тарзу усул ба теъдоди 70,60 ва 59 соат баргузор кардани машѓулиятњои амалї аз фанни «ќоидањои њаракати роњ» барои ихтисосњои дарљшуда муаммои сарбаста ва ба назари мо, ќариб ки њалнопазир аст.Аз ин рў, пешнињод карда

мешавад, ки теъдоди соатњои машѓулиятњои амалии фанни мазкур («ќоидањои њаракати роњ») таљдиди назар гардад ва аз њисоби машѓулиятњои амалї шумораи соатњои дарсњои назариявї афзун карда шавад. Дар наќшаи таълимии

пешнињодшуда аз рўи ихти-соси «ронандаи автомобил» силсилаи «С» фанни муттањид кардашудаи «сохти автомобил ва таъмири автомобил» нишон дода шуда, барои омўзиши он њамагї 206 соати таълимї - 100 соат барои дарсњои назариявї ва 106 соат барои

машѓулиятњои амалї дар на-зар дошта шудааст. Вобаста ба њамин, ба маврид аст зикр на-муд, ки ин фанњо бояд комилан аз њам људо бошанд ва омўзиши онњо низ ба таври алоњида ба амал бароварда шаванд.

Њамчунон, дар наќшаи таъ-

лимии пешнињодшуда аз рўи их-тисоси «ронандаи автомобил» силсилаи «С» омўзиши фанни «маводшиносии автомобил», бо дарназардошти теъдоди 30 соа-ти таълимї пешбинї карда шу-дааст, ки аз ин шумора 10 соати он дарсњои назариявї ва 20 соа-ти боќимондаро машѓулиятњои амалї ташкил медињад. Тавре таљриба нишон медињад, таъли-му тадриси ин фан сирфан бояд

бо усули назариявї роњандозї гардад.Аз рўи ихтисосњои

« т р а к т о р ч ї -м аш и н и с т и истењсолоти кишоварзї» ва «ронандаи автомобил» силси-лаи «С» дар наќшаи таълимї омўзиши фанни «асосњои идо-ракунии автомобил ва бехата-рии њаракат» муќаррар карда шудааст. Аз љумла, барои их-тисоси «тракторчї – мошини-сти истењсолоти кишоварзї»- 58 соат- 20 соат назариявї ва 38 соат машѓулиятњои амалї ва барои ихтисоси «ронандаи автомобил» силсилаи «С» - 47 соат - 20 соат назариявї ва 27 соат машѓулиятњои амалї му-айян карда шудааст. Бояд зикр намуд, ки омўзиши

ин фан бештар ба таълиму тадриси назариявї ниёз до-рад, зеро хонанда танњо дар сурати мустањкам кардани пояи донишњои назариявї дар таљрибаи амалии худ муваффаќ шуда метавонад. Бинобар ин, таносуби

таќсимоти соатњои таълими назариявию машѓулиятњои амалии ин фанро таљдиди на-зар кардан ба маќсад мувофиќ хоњад буд. Яъне то ба миќдори 50 соат зиёд кардани дарсњои назариявї ва то ба 8 соат коњиш додани машѓулиятњои амалї дар ин самт самари бештар ба бор оварда метавонад. Азбаски маќсади нињоии му-

ассисаи таълимї аз омода кар-дани мутахассисони баландпоя барои бозори мењнати дохилї ва хориљї иборат аст, бинобар ин, истифодабарии теъдоди соатњое, ки дар наќшаи таълимї њамчун соатњои захиравии касбї ва

фанњои интихобї нишон дода шудаанд, дар самти таълими фанњои тахассусї, ба андешаи мо, манфиат ва боздењи бештар ба бор меорад. Аз љумла, дар бахши фанњои тахассусии ихти-соси «монтёри барќї оид ба таъ-мир ва хизматрасонии таљњизоти

барќї» ва амсоли он..Дар наќшаи таълимии

пешнињодшуда љињати омўзиши фанни «истифодабарии автомо-бил» аз рўи ихтисоси «ронан-даи автомобили силсилаи «С» теъдоди ба андешаи мо, нињоят ками соатњои таълимї пешбинї карда шудааст. Миќдори уму-мии соатњо барои омўзиши ин фан њамагї 43 соатро таш-кил медињад, ки аз ин шумора 10 соат дарсњои назариявї ва 33 соат машѓулиятњои амали-ро дар бар гирифтааст. Тавре аз таљриба бармеояд, чунин миќдори соатњои дарсї ба-рои пурра фаро гирифтани ин фан нокифоя мебошад. Барои мисол, чанд сол пештар барои омўзиши ин фан дар бароба-ри теъдоди нисбатан бештари дарсњои назариявї 120 соат машѓулиятњои амалї људо кар-да шуда буд, ки чунин миќдори соатњо барои комилтар шуда-ни малакаю мањорати касбии хонанда мусоидати бештар ме-кард.

Бинобар ин, барои омўзиши ин фан афзун кардани теъдоди соатњои дарсї ба манфиати кор буда метавонад. Зикр намудан бамаврид аст,

ки дар наќшањои таълимї барои 2 моњу 10 моњ фанни «Консеп-сияи табиатшиносии муосир» вуљуд надошта, дар наќшањои таълимї барои 10 моњ ворид карда шудааст. Ба андешаи мо, барои таълимгирандагони курсњои 10-моња тадриси ин фан зарурат надорад.

Дар накшаи таълимї барои ихтисоси 2 солу 10 моњ фанњои математика ва геометрия ни-шон дода шудаанд. Ба андешаи мо, бо назардошти теъдоди умумии соатњои барои њарду фан пешбинишуда зери номи фанни «математика» муттањид кардани онњо барои боз њам мушаххастар шудани фењристи фанњои таълимї мусоидати бештар менамояд. Барои хамаи ихтисоњо ворид

намудани омўзиши фанни «тех-никаи бехатарї» хатмист. Њамин тавр, метавон хулоса

намуд, ки наќшањои давлатии таълимии зинаи тањсилоти иб-тидоии касбї, ки дар соли 2012 тасдиќ гардидаанд, њарчанд аз лињози мазмуну мундариља нис-бат ба наќшањои солњои пештар тањия ва пешнињодшуда ќадами љиддие ба пеш бошад њам, вале то њанўз барои басуботдарої ва устуворшавии онњо корњои зиёдеро бояд анљом бахшид, то таъсири онњо дар дурнамои наздик љињати сифатан бењтар омоданамоии кадрњои коргарї зоњир гардад.

Ќамар АЊМАДОВ,мудири бахши методии

литсейи касбии техникии №24, ноњияи Файзобод,

Шодибек ЗОИРОВ,омўзгори фанњои

тахассусии литсей

НУЌТАИ НАЗАР

НАЌШАЊОИ ТАЪЛИМЇ -РУКНИ МАРКАЗИИ ЉАРАЁНИ ТАЊСИЛОТАз соли 2010-ум инљониб

№ 35 30 августи соли 2013 7ОМЎЗГОР МАВЗЎИ РЎЗ

Бо њидояти ин дастури Сар-вари давлат раёсати Донишка-даи љумњуриявии такмили ихти-сос ва бозомўзии кормандони соњаи маориф, соли равон тибќи наќша фаъолият намуда, љињати амалї намудани супоришњо ба-рои такмили мањорату малака ва бозомўзии њирфаии омўзгорон, бо ташаббус ва дастгирии бево-ситаи њукумати љумњурї њамаи шароитњоро фароњам овардааст. Соли равон бо фармоиши

вазири маорифи Љумњурии Тољикистон №2188 аз 09.10.с.2012 бо маќсади омода намудани Бар-номаи рушди такмили ихтисос ва бозомўзии касбии корман-дони соњаи маорифи Љумњурии Тољикистон дар давраи то соли 2020 бо љалби мушовири байналмилалї гурўњи корї тањти роњбарии муовини аввали вазири маорифи Љумњурии Тољикистон Ф.Ќ. Рањимов таъсис дода шуд. Барномаи мазкур дар муњлати муайян тањия гардида, дар Шўрои олимони донишкада ва баъдан дар мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон мавриди баррасї ва муњокима ќарор гирифта барои тасдиќ ба Њукумати Љумњурии Тољикистон пешнињод мегардад. Њамзамон, се њуљљати меъёрї-њуќуќии соњаи такмили ихтисос дар бораи «Тар-тиб, намуд ва шаклњои такмили ихтисос ва бозомўзї», «Тартиби такмили ихтисоси кормандони соњаи омўзгорї» ва «Тартиб до-дани њуљљат дар бораи такмили ихтисос ва бозомўзї», ки му-айянкунандаи самт ва низоми фаъолияти минбаъдаи соња ме-бошанд, тањия гардида барои мувофиќа ба вазоратњои дахлдор ирсол карда шуданд. Инчунин, дар ин давра њайати

омўзгорони донишкада 52 бар-номаи намунавии таълимиро тањия намуданд, ки аз тарафи мутахассисони соњавии Акаде-мияти тањсилоти Тољикистон ва Маркази методии Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон таќризи мусбат гирифтанд ва ба љаласаи мушовараи Вазорати маориф барои тасдиќ пешнињод мегарданд. Хушбахтона, имсол бо ибти-

кори Њукумати љумњурї, Вазо-рати маорифи кишвар ва даст-гирии молиявии Бонки љањонї бинои донишкада пурра тармим гардида, бо таљњизоти навтари-ни замонавї муљањњаз гардонда шуд. Синфхонањо бо кампютер, видеопроекторњо ва тахтањои электронї таъмин гардида, шу-навандагони курсњо имкон до-ранд аз китобхонаи электронї ва илмї, синфхонањои компютерї ва ќироатхонаи замонавї васеъ истифода намоянд. Бо дарёфти ин имконот минбаъд курсњои такмили ихтисос пурра мар-казонида шуда, омўзгорони минтаќањои дурдаст дар хобгоњи донишкада њангоми тадрис мета-

вонанд иќомат намоянд. Чунин шароити воќеан мусоид

барои фаъолияти илмию эљодї њайати кормандони донишка-да низ имконоти васеъ фароњам оварда, масъулияти онњоро пайи иљрои вазифањои худ дучанд ме-намояд. Мусаллам аст, ки мо дар замони дигаргунињои густурдаи илмию техникї ва фаннї ќарор дорем. Омўзишу аз бар намуда-ни усулњои нави таълиму тарбия, бањравар гардидан аз кашфиёти тањсилоти сатњи байналмилалї вазифаи пурмасъули омўзгори имрўза мањсуб меёбад. Раёсати Донишкадаи

љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи ма-ориф бо дарназардошти татбиќи сиёсати соњаи маорифи мамлакат дар асоси дастуру супоришњои Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон фаъолияти сама-рабахш ба роњ монда, дар шаш моњи соли равон дар љумњурї 189 курси такмили ихтисосро бо фарогирии 4231 нафар шунаван-да ташкил ва баргузор намуд. Њамчунин, дар ин давра 13 семи-нари маќсаднок гузаронида шуд, ки дар онњо 442 нафар омўзгорон ширкат намуданд. Кормандони шуъбаи мани-

торинги сифати таълим дар як муњлати кўтоњ 40 дарси омўзгорони кафедрањои фанњои гуманитарї ва табиию риёзиро мавриди тањлилу баррасї ќарор додаанд. Алњол кор дар ин самт бањри мутобиќгардонии мазмуну шакли дарсњо ба талаботи замон босуръат идома дорад. Самти дигари фаъолияти до-

нишкада, иљрои корњои илмї-тадќиќотї ва дар заминаи он ба-ланд бардоштани зарфияти илмии омўзгорон ба шумор меравад. Айни њол, њайати профессорону омўзгоронро дар донишкада 3 нафар доктори илм, профессор, 11 нафар номзади илм, дотсент ва 46 нафар омўзгори калон ташкил медињанд, ки синни миёнаашон 49,8 мебошад. Раёсати донишка-да дар оянда барои боз њам ба-ланд бардоштани зарфияти кадрї чорањои амалї меандешад.Роњу усули асосии кашфи

нуќтањои сарбастаи њар як соња дар тањќиќу тањлили аз љињати илмї асоснок амалї мегардад. Аз ин рў дар доираи мавзуъњои фармоишї пеш бурдани тадќиќоти илмї муфид ва зарур аст. Дар ин замина њайати ил-мии донишкада дар мавзўи «Да-рёфти роњњои баландбардории мањорати касбї дар асоси истифо-даи технологияи њозиразамон», ки барои соли 2013-2017 аз буљаи давлат маблаѓгузорї мешавад тадќиќотро пеш мебаранд. Дар доираи дигар масоили мубра-ми соња барои солњои минбаъда пешнињоди мавзуъњои фармои-широ ба наќша гирифта шуда-аст.Барои расидан ба ин њадафњо,

соли равон дар заминаи кафе-драи психология, педагогика ва методикаи таълим озмоишгоњи илмию тадќиќотии «Такмили мањорати педагогї» таъсис дода шуд. Њамкорињои илмии до-

нишкада бо дигар донишгоњу донишкадањои соњавии дохил ва хориљ таќвият ёфта, дар ин давра байни донишкада ва Академияи давлатии педагогї-иљтимоии ба номи Д.И. Мен-делееви ш.Таболск шартномаи њамкорї ба имзо расид.Тайи солњои охир равоби-

ти байналмилалии донишкада бо маќсади татбиќи лоињањо ва грантњо, ки рушду такому-ли соњаи маорифро дар давраи ислоњот фаро мегирад, ба таври густурда ба роњ монда шуд.Бо вуљуди дастовардњои таъ-

лимию илмї дар самти такмили ихтисос ва бозомўзии корман-дони соња мо муваззафем, ки љињати иљрои меъёри њатмии аз курсњои такмили ихтисос гузаш-тани омўзгорон чорањои амалии судманд андешем. Аз ин љињат, бо таќозои талаботи нав барои ѓанї гардондани ќобилияти зењнии омўзгорони љавон дар кафедрањо бояд бонки маълу-мот ва таълимиро ташкил на-моем. Љалби њарчи бештар ва муваффаќонаи омўзгорони љавон ба аспирантураю докторантура, барои тањияи рисолњои номзадї ва докторї њадафи асосии оян-да ќарор мегирад. Пажуњиш дар самти методикаи таълими фан бояд њадафмандона бо маќсади пайвастан ба фазои тањсилоти муосири байналмилалї љараён гирад. Тибќи дастури маќомоти Ва-

зорати маорифи љумњурї љињати дар сатњи баланд гузаронида-ни дарсњо дар курсњои такмили ихтисос аз љониби раёсати до-нишкада аз Академияи илмњои љумњурї, Академияи тањсилот, Донишгоњи миллии Тољикистон, Донишгоњи давлатии омўзгорї ба номи С.Айнї ва дигар донишгоњу донишкадањо даъ-ват ба амал оварда мешавад, ки муњаќќиќон ва устодони вар-зидаи мамлакат ба шунаванда-гони курсњои такмили ихтисос дарсњо гузаронида, семинарњои маќсаднок оид ба мавзўъњои муњими рўзмарра баргузор на-моянд. Дар робита бо њамкории манфиатбахш, ба хотири раси-дан ба њадафњои нињої-рањнамун намудани омўзгорон ба дарку фањми тањаввулоти босуръа-ти тањсилоти байналмилалї ва натиљагирї аз комёбињои азими илмию техникї мудиро-ни шуъбањои маорифи шањру ноњияњоро зарур аст, то љињати самаранок истифода бурдани маблаѓњо барои сафархарљии такмили тахассуси муаллимион бо маќомоти мањаллї њамкориро ба роњ монда, саъй намоянд, ки дар ин љода ба мувафаќќиятњо ноил гарданд.

Н.КАБИРОВ, муовини ректор оид ба

корњои таълимї ваметодии ДЉТИБКСМ, номзади илмњои химия,

дотсент М.ЃИЁСИЕВ,

мудири кафедраи психология,педагогика ва методикаи таълими ДЉТИБКСМ,номзади илмњои педагогї,

дотсент

ОМИЛИ МУЊИМИ РУШДИ СИФАТИ ТАЊСИЛОТ БОЗОМЎЗЇ

Бо њидояти ин дастури Сар- вонанд иќомат намоянд.

содрмилмш

нидоваинАиљдења

Њамасола дар ИМА теъдо-ди хатмкунандагони макотиби кишвар, ки наметавонанд дар натиљаи супурдани имтињонот холњои лозимаро барои ги-рифтани номаи камол ба даст оваранд, зиёд шуда истодааст. Ба њамин хотир аксари

мактаббачањо имтињоноти миллии хатмро, ки намунаи бритониёи имтињонот аст, ихтиёр накарда, намунаи бай-налмилалии онро месупоранд, ки нисбатан сабуктар аст. Асосан хонандагони

мактабњо намунаи байналми-лалии имтињонро аз забони инглисї интихоб мекунанд.

Соли 2012 имтињонро аз фанни мазкур 18 њазор хонанда ва соли 2013 78 њазор нафар ихтиёр кар-даанд. Чунин маълумотро The Guardian пахш кардааст.Коршиносон мегўянд,

стандартњое, ки низоми мао-рифи бритониёї талаб меку-над, хеле баланд мебошанд ва хатмкунандагон бо њар роњ танњо ба хотири ба даст овар-дани холи даркорї мераванд, дар акси њол онњо номаи ка-мол гирифта наметавонанд. Барои гирифтани но-

маи камоли макотиби ИМА муњассилин бояд аз бањои «миё-на» то «аъло»-ро сазовор ша-ванд. Вале сол то сол гирифтани “бањои лозима” имконнопазир шуда истодааст. Мисол, соли

2012 танњо 69,4% нафар макта-бро хатм карда тавонистаанду бас.Аз рўи пешбинии кор-

шиносон, ин нишондод дар соли хониши 2013-2014 хеле паст хоњанд шуд. Агар теъ-доди хатмкунандагони яке аз мактабњои Амрико аз 41 дар-сад камтар шавад, ин муассиса аз љониби комиссияи махсус тафтиш мешавад.Назар ба маълумоте, ки чан-

де пеш васоити ахбори омма пахш карда буд, маблаѓи зиёде, ки ИМА барои соњаи маори-фаш сарф мекунад, натиљањои дилхоњ наоварда истодааст.

Чунон ки Президент Барак Обама эълон доштааст, Амри-ко бояд он бартарии соњаи ма-орифро, ки дар миќёси љањон дошт, бозпас гардонад. Зеро бе соњаи маориф ва рушди он иќтисоди кишвар рў ба таназ-зул хоњад овард.Аз рўйи рейтинги Созмони

њамкорї ва рушди иќтисодї дар љањон сатњи таълиму тар-бияи амрикоињо дар љои 22-юм ќарор дорад. Танњо 77% амрикоињо дорои малумоти миёнаанд. Аз рўйи ќиёси сатњи таълиму тањсил дар макотиби олї бошад, онњо дар байни 18 давлати љањон љойи охиронро сазовор шудаанд. Танњо 53% ањолии Амрико дорои маълу-моти олианд.

Президенти Амрико мехоњад бо нархњои гарони тањсилот дар макотиби олии кишвараш мубориза барад.

Барак Обама изњор дошта-аст, ки тањсилоти олї дар Ам-рико «њељ ваќт ба ин андоза муњим набуд, вале дар баро-бари ин њељ ваќт ба ин андоза гарон њам набуд.»Дар мурољиатааш ў ба

мардуми Амрико пешнињод кардааст, мебояд «ислоњоти љиддї»-е љорї карда шавад, ки тањсил дар макотиби олиро да-страстар мекунанд.Ислоњоти пешнињод ме-

шуда ба амрикоињои имкон медињад, то пардохти ќарзњои омўзишї имконпазир гардад. Барои ин кредитњои таълимї набояд зиёдтар аз 10 дарсад аз њаљми даромади муњассилин пешбинї шаванд. Ў инчунин

изњор дошт, ки аз рўйи маълу-моти оморї аксари хатмкунан-дагони макотиби олии кишвар коллељу донишгоњњоро бо 26 њазор доллари амрикої хатм мекунанд, ки ќобили ќабул нест. Обама инчунин ќайд кард,

ки ислоњоти мазкур шояд ба-рои бархењо писанд наояд, вале чунон ки худи ў изњор дошт, касе наметавонад пеши ин роњро гирад.Дар њамоиши мазкур аз

љониби њизби республикавии кишвар губернатори штати Индиана Майкл Пенс сухан ронда, изњор дошт, ки ислоњоти метавонад ба иќтисоди ИМА халал ворид созад. Ба ин во-сита љойњои корї њам коњиш меёбанд.Ситорабону СОЊИБНАЗАР,

“Омўзгор”

ДАР СОЊАИ МАОРИФИ АМРИКО ИСЛОЊОТ ЉОРЇ МЕГАРДАД

САТЊИ ДОНИШИ МУЊАССИЛИНИ АМРИКО РЎ БА КОЊИШ АСТ

№ 35 30 августи соли 20138 ОМЎЗГОР ТАВЗЕЊПЕШНИЊОДТибќи ќарори мушовараи Вазора-

ти маорифи Љумњурии Тољикистон аз 31.05.2011, №13/9 «Дар бораи ворид на-мудани таѓйиру иловањо ба ќарори му-шовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон аз 30.03.2009, №4/24 «Дар бораи тасдиќ намудани Наќшањои таъ-лимии муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон барои соли хо-ниши 2008-2009 ва солњои минбаъда» ва фармоиши вазири маорифи Љумњурии Тољикистон аз 06.06. 2011 № 1219 сардо-рони раёсати маорифи вилоятњо, ВМКБ, шањри Душанбе ва мудирони шуъбањои маорифи шањру ноњияњои тобеи љумњурї вазифадор карда шудаанд, ки фаъолияти њамаи намуди муассисањои таълимиро, новобаста аз забони тањсил, шаќли мо-ликият ва тобеият дар асоси наќшањои таълимии номбурда ба роњ монанд. Ин-чунин илова ба тавзењоти наќшаи маз-кур ду маротиба тавзењот илова гарди-да, дар њафтаномаи «Омўзгор» (№№34, 24.08.2012; 33, 15.08.2013) нашр гардид.Дар тавзењоти аввал тавсия дода шу-

даанд, ки соатњои бахши мактабї ба омўзиши фанњои равиявї дода шавад. Дар тавзењоти дуввум авлавияти фанњои љамъиятї- гуманитарї мушаххас нишон дода шудааст: таърих, њуќуќи инсон ва забонњои хориљї. Дар њуљљати мазкур њадафњо возењ нишон дода шудаанд: «Маќсади асосии наќшањои таълимии муассисањои тањсилоти умумї, пеш аз њама, баланд бардоштани сифати тањсилот, ќонеъ гардонидани талаботи шахс нисбат ба дониш, љорї намудани таълими равиявї, ба амал баровардани дифференсиатсияи тахассусї дар зинаи мухталифи тањсилот мебошад».Соатњои таълимї дар замимањо

таќсимбандї шуда, тавсияњо оид ба ка-доме аз фанњо авлавияту бартарї додан њангоми таќсими соатњои бахши мактабї дар тавзењот оварда шудааст. Аз ин рў, зарурат ба шарњи иловагии он боќї на-мемонад. Ин љониб тасмим гирифта-аст, то љињати амалии татбиќи наќшаи таълим, бахусус таълими равиявї ва барасмиятдарории он чанд тавсияи методї ироа намояд. Тибќи талаботи ин њуљљат муассисаи таълимї бояд дар асоси наќшаи такягоњї наќшаи таъ-лимии муассисаро тањия намуда, онро тасдиќ намояд. Дар банди 38, моддаи 2 (вазифањои муассисањои таълимї) –и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бо-раи маориф» низ омадааст: «наќшаи таъ-лим, љадвали солонаи тањсил ва љадвали дарсњоро тасдиќ менамояд». Яъне аз

доираи соатњои дар Наќшањои таълимї муќарраршуда набаромада, наќшаи до-хилии муассисаро тањия мекунад. Пас аз баррасї дар шўрои омўзгорї бо назар-дошти афзалияти фан, таъмини захираи моддї-техникї ва кадрї соатњои бах-ши мактабї ба ин ё он фан дода шуда, бахши мактабї бо бахши давлатї тавъ-ам ё якљоя карда мешавад. Мисол, дар Наќшањои таълимї барои таълими фан-ни физика дар синфи 8 (Замимаи 3) 2 соат људо гардидааст. Агар захираи моддї-техникиву кадрии муассисаи таълимї имконият дињад ва шўрои педагогї за-рур шуморад, ба таълими фанни физи-ка аз њисоби бахши мактабї як соат зам гардида, дар ќисмати бахши давлатї ба таълими фанни физика 3 соат људо гар-дида, дар тавзењот навишта мешавад. Њамин тавр, соатњои бахши мактабии њамаи синфњои дар наќшаи таълим ни-шон додашуда таќсим карда мешаванд. Инчунин, соатњои барои омўзиши амиќи фанњо људошуда низ бо њамин тартиб ба таълими ин ё он фан дода мешаванд. Тартиби тасдиќи наќшаи дохилї чунин аст: Дар наќшаи кори солона, наќшаи масъалањои дар шўрои педагогї бар-расишаванда дарљ гардида, дар шўрои педагогии аввал (охири моњи август) дар рўзномаи шўро ба таври алоњидагї масъалагузорї карда мешавад. Он мета-вонад гуногун бошад: Баррасии ќарори мушовараи Вазо-

рати маорифи Љумњурии Тољикистон аз 31.05.2011, №13/9 «Дар бораи ворид на-мудани таѓйиру иловањо ба ќарори му-шовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон аз 30.03.2009, №4/24 «Дар бораи тасдиќ намудани Наќшањои таъ-лимии муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон барои соли хони-ши 2008-2009 ва солњои минбаъда» (бо тавзењот) ва тасдиќи наќшаи таълимии мактаб.Интихоби замимањои наќшаи таълим.

Тасдиќи наќшаи таълимии мактаб ва мо-нанди инњо.Сипас директор ва ё муовини ди-

ректор муњтавои њуљчат ва ё таѓйиру иловањои онро ба самъи омўзгорон расо-нида, замимањои заруриро шарњ медињад, таќсими соатњои бахши мактабиро ба ваколати шўро вогузор менамояд. Пас аз он бо назардошти афзалияти фан, таъми-ни захираи моддї-техникї ва кадрї ва ё зарурати дохилї (масалан, соли гузашта бо сабабњои объектививу субъективї ин ё он фан дар ягон синф таълим дода на-шудааст ва ё самаранокии таълими фан таъмин нагардидааст) ба ин ё он фан дода шудани ќарори шўро содир гарди-да, дар асоси он фармоиши директор ба тасвиб мерасад. Намунаи ќарор метаво-над ин тавр бошад:

1.Таълим дар зинаи тањсилоти уму-мии мактаб (синфњои ибтидої) тибќи замимаи 2, дар зинаи тањсилоти умумии асосї (синфњои 5-9) тибќи замимаи 3, дар синфњои 10- А, 11-АБ (равияи умумї) тибќи замимаи 4 –и Наќшаи таълимї ба роњ монда шавад.

2.Таълим дар синфњои 10-Б, В, 11-В (равияи љамъиятї-гуманитарї) тибќи за-мимаи 4.1. ва дар синфњои 10-Г, 11-Г (ра-вияи табиї-риёзї) тибќи замимаи 4.2. ба роњ монда шавад.

3.Дар синфи 4-ум (мумкин аст, ки танњо дар яке аз синфњои 4 бошад) аз њисоби бахши мактабї як соат ба омўзиши фан-ни забони англисї илова карда шавад.

4.Аз њисоби бахши мактабї дар син-фи 10-А як соат барои омўзиши фанни алгебра, дар синфи 10-Б барои омўзиши фанни њуќуќи инсон, дар синфњои 10-Г ва 11-Г яксоатї барои омўзиши фанни физика илова карда шавад.Муовини директор вазифадор карда

шавад, ки самаранокии соатњои ило-вашударо омўхта, дар шўрои педаго-гии моњи апрел мавриди баррасї ќарор дињад.Омўзишњо муайян карданд, ки дар

муассисањои таълимї соатњои бахши мактабиро барои омўзгорони алоњида људо менамоянд, ки њам дар тарификат-сия мушкилї пеш меораду њам боиси нофањмињо дар байни коллектив ме-

гардад ва муњимтар аз њама, талаботи ќарори мушовара дар хусуси афзалияти фан, таъмини захираи моддї-техникї ва кадрї риоя намегардад. Мутобиќи мак-туби тавзењии имсолаи Вазорати мао-риф дар литсей, гимназия, муассисањои

таълимї барои хонандагони болаёќат ба таври њатмї ва муассисањои тањсилоти умумие, ки зиёда аз 2 синфи мутавозї до-ранд, дастур дода шудааст, ки таълими равияро ба роњ монанд. Дар мактабњои тањсилоти умумї таълими равияњо танњо дар зинаи сеюми тањсилот иљозат дода мешавад. Дар гимназияњо, литсейњо ва муассисањои таълимии махсус барои хонандагони болаёќат, ки заминаи хуби таълимї, базаи моддї - техникї ва кадрї доранд, метавонанд хонандагонро аз синфи 5 ва 7 ба равияњо гурўњбандї на-моянд ва ба зерравия ва равияњои соњавї бошад, аз синфи 10-ум иљозат дода ме-шавад.

Аз ин рў, зарур донистем, ки дар ху-суси ташкили он чанд тавсия пешнињод намоем. Љињати моњияти таълими равия руљўъ мекунем ба тавзењоти Наќшаи таълим, ки ба таври возењ шарњ дода шудааст: «Таълими равиявї ва касбї ба хонандагон барои таѓйир додани мазмун ва ташкили љараёни таълим, пурра ба инобат гирифтани манфиат, ќобилият, раѓбати хонандагон ва дар асоси шавќу завќи касбинтихобкунии онњо, дар оян-да давом додани тањсил дар муассисањои тањсилоти миёна ва олии касбї шароити хуби таълим муњайё менамояд». Бо назар-дошти муњимияти он муассисањои таъли-миро зарур аст, ки таълими равияро ба роњ монанд. Суоли матрањ ин аст, ки чї гуна? Албатта, дар асоси озмун, майлу раѓбати хонандагон ва дар мувофиќа бо падару модарон. Озмун ба зинаи сеюми тањсилот њамзамон барои ќабул ба ра-вия њисобида мешавад. Дар муассисањои таълимї натиљаи аттестатсияи хатмро чун озмун барои равия мењисобанд, ки ќобили ќабул нест. Зеро дар як толор 80-150 нафар љамъ оварда мешаванд ва табиист, ки аз якдигар рўйбардор меку-нанд (бо њама эњтиром ба њайати комис-сияи аттестатсионї) ва арзёбии воќеї ба даст намеояд. Аз ин рў, тавсия мешавад, ки дар нимаи дуюми моњи август дар њар синф ба таври алоњидагї бо интихоби супориш ва масъалањои нисбатан му-раккаб озмун гузаронида шавад.Сипас тибќи арзёбии натиљаи озмун ба равияи муносиб ќабул карда мешаванд.

Ќутбиддин МУЊИДДИНОВ,муовини директори МЉТМ,

номзади илмњои педагогї

ТАВСИЯЊОИ МЕТОДЇоид ба амалї намудани ќарори мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон аз 31.05.2011, №13/9 «Дар бораи ворид намудани таѓйиру

иловањо ба ќарори мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон аз 30.03.2009, №4/24 «Дар бораи тасдиќ намудани Наќшањои таълимии муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон барои соли хониши

2008-2009 ва солњои минбаъда»

Ањли маорифи шањр аз натиљањои соли тањсили сипари-шуда хулосањо бароварда, барои соли тањсили нав рељањои нав ва дурнамои соњаро тарњрезї на-муданд. Њам дар баромади раис

шањри Турсунзода Давлатшо Гулмањмадов ва њам дар гузо-риши мудири шуъбаи маориф Бобомурод Тешаев бурду бохти соњаи маорифи шањр тањлили пурраи худро ёфт. Бештар ба он масъалањое равшанї андох-та шуд, ки бояд муќаддамтар аз њама роњњои њалли худро ёбанд. Диќќати масъулини соња ба ба-ланд бардоштани сатњи дониши

хонандагон ва таъмини сифа-ти таълим дар тамоми зинањои тањсилот, зери сарпарастї ќарор додани хонандагону донишљўёни ятиму бепарастор, њифзи иљтимої ва расонида-ни кўмакњои молиявї ба онњо, андешидани чорањои зарурї љињати сода гардонидани рас-миёти фарзандхонии кўдакони ятим, баъди хатми муассисањои таълимї фаро гирифтани онњо ба зинањои минбаъдаи таълим ва пас аз хатми муассисањои таълимї бо љойи кор ва манзил таъмин намудани эшон нигаро-нида шуд.

- Таъкидњои Президенти кишвар дар мавриди таълиму тарбияи љавонон ва навра-сон дар рўњияи худшиносї ва худогоњии миллї, арљгузорї ба арзишњои миллї, умумибашарї ва бо донишњои муосир мусаллањ намудани онњо кор-мандони маорифи шањрро ва-зифадор менамояд, ки дар фа-ъолияти њамарўзаи худ бештар ба ин масъалањо таваљљуњ на-муда, иљрои сариваќтии дасту-ру супоришњои роњбари дав-латро таъмин созанд, - илова кард Д.Гулмањмадов. Дар зимн

раиси шањр аз маорифчиён даъ-ват ба амал овард, ки аз бурду бохти соња дар соли хониши сипаришуда хулосњои зарурї бароранд, корро тарзе ташкил намоянд, ки љалби мутахасс-сони љавонро ба муассисањои таълимї бењбуд бахшанд. Во-баста ба ин имрўз омўзгорони фанњои забонњои англисию русї, забони давлатї, техноло-гияи информатсионї, физика, химия, биология, география нарасида истодаанд. Ишти-рокчиёни машварат њамчунин њанўз паст будани сатњи си-фати дониши толибилмонро

дар норасоии китобњои дарсї мебинанд. Њанўз дар шањр эњтиёљоти 104 синфхонаи иловагї дар назди чанде аз мактабњо боќї мондааст. Дар 7 мактаби камкомплекта 25 на-фар мехонанд. 18 нафар хонан-да ба таълими инфиродї љалб шудаанд. Њанўз 4 синфхонаи мактаби раќами 9-и љамоати дењоти Сешанбе дар хонањои шахсї љойгиранд. Имсол ба синфњои яки мактабњои шањри Турсунзода беш аз 5100 на-фар хонанда љалб мешаванд. Мактабњои шањр таъмир гар-дида, ба зимистонгузаронї

омодаанд.Рўзњои наздик дар шањр боз

ду кўдакистони нав, ки сох-тмонаш бо љўшу хуруш идома дорад, мавриди бањрабардорї ќарор хоњанд гирифт. Дар машварат чанде аз

роњбарони мактабњои шањр, Љумъаназар Умурзоќов -№7, Абдуљаббор Раззоќов - №62, Сангиной Болтаев - №2, Моњистон Азизова - №98 аз натиљањои фаъолияташон ёдо-вар шуда, рољеъ ба наќшањои тарњрезишудаи коллективњои омўзгориашон далелњои ќонеъкунанда ироа намуданд. Маълум шуд, ки хатмкунандаго-ни зиёде аз мактабњои шањр шо-мили донишгоњњои љумњурию кишварњои хориља шуда, теъдо-ди зиёде ба муассисањои ТИК ва миёнаи касбии кишварамон шо-мил гардидаанд.Дар машварати августї му-

тахассиси МЉТМ-и назди Ва-зорати маорифи Љумњурии Тољикистон Абдуњалим Тур-сунов иштирок намуда, рољеъ ба бурду бохти соњаи маорифи шањр андешањояшро баён наму-да, маслињату пешнињодњои суд-манде рољеъ ба дурнамои соња ва вазифањои дар назди маориф-чиён гузошташуда баён намуд.

С.ИСКАНДАРОВ,«Омўзгор»

МАШВАРАТИ АВГУСТЇ

ВАЗИФАЊОИ НАВ ДАР ПЕШАНД

Ањли маорифи шањр аз

хотитаќадоњинианљимяттабаватата

№ 35 30 августи соли 2013 9ОМЎЗГОР НИЗОМИ ТЕСТЇ

Дастури методї оид банавиштани кори хаттї

Соли 2014 тибќи бан-ди 12-уми Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон “Дар бораи љамъбасти натиљањои рушди иљтимоию иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар соли 2012 ва вазифањо ба-рои соли 2013” (аз 19.01.2013, №23) ва Наќшаи умумии фа-ъолияти Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестї» аз моњи июни соли 2012 то моњи декабри соли 2014 (ќарори мушовараи Вазорати маори-фи Љумњурии Тољикистон аз 28.06.2012, №12/66) аввалин бор дар Љумњурии Тољикистон имтињонњои марказонида-шудаи дохилшавї (ИМД) ба муассисањои тањсилоти олии касбї (МТОК) баргузор мегар-дад. Бо маќсади иљрои ин тад-

бири муњим Маркази миллии тестї (ММТ) дар асоси тала-бот ва меъёрњои муайян маводи имтињон – саволу масъалањои тест ва номгўйи мавзўъњои кори хаттиро тањия менамояд.Кори хаттї аз забони тољикї

(давлатї), ки барои њамаи равияњои тањсилот (ихтисосњо) яке аз имтињонњои њатмї ба њисоб меравад, тибќи протоко-ли маљлиси назди вазири мао-рифи Љумњурии Тољикистон (аз 5-уми феврали соли 2013) дар намуди эссе гирифта мешавад. Ин тадбир ба татбиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бо-раи забони давлатии Љумњурии Тољикистон” (аз 5-уми октябри соли 2009, № 553) вобаста аст, зеро дар моддаи 3, банди 2 ома-дааст, ки “Њар як шањрванди Љумњурии Тољикистон вазифа-дор аст забони давлатиро до-над”. Мувофиќи ин Ќонун њар як шањрванди Тољикистон бояд бо забони тољикї дуруст суњбат карда, фикрашро беѓалат на-вишта тавонад.Бинобар ин, дар ИМД ба

ќатори имтињонњои њатмї во-рид намудани кори хаттї (эссе) аз забони давлатї (тољикї) та-лаби замон буда, тавассути он мањорати дуруст ва мураттаб баён кардани фикр, саводнокї ва инкишофи нутќи хаттии хо-нандагони (хатмкунандагони) муассисањои тањсилоти миёнаи умумии љумњурї санљида меша-вад.

Эссе чист ва чї таврнавишта мешавад?

Эссе – аз калимаи лотинии «exagium» (санљиш) ва франсавї «essai» (кўшиш, љустуљў; тањлил) гирифта шуда, ба маънои очерк меояд. Яъне, эссе як навъи очерк аст, ки онро иншои мухтасар (кўтоњ) низ меноманд. Дар на-виштани чунин тарзи иншо хо-нанда дар баёни фикр озод аст, яъне ў андешаи худро доир ба мавзўи пешнињодшуда мухта-сар ва асоснок (бо далел) баён мекунад. Дар эссе љањонбинї ва андешањои шахсии муал-лиф (эссенавис) доир ба ягон мавзўи иљтимої ва ё фарњангию таърихї инъикос меёбад. Дар фењрасти имтињонњои марказо-нидашудаи дохилшавї (ИМД) чунин тарзи иншо бо ибораи “кори хаттї (эссе)” ном бурда мешавад. Маќсад аз навишта-ни эссе (ворид намудани эссе ба фењрасти ИМД) муайян намудани мањорати арзёбии мустаќилона (дарк ва баррасии масъала ва хулосабарорї), баё-ни дуруст ва мураттаби фикри хонандагон аст.Дар ИМД, асосан, ду навъи

эссе истифода мешавад:- эссеи шахсї ва ё субъективї,

ки дар он хислату кирдор, орзуњо ва хостањои шахсии эс-сенавис баррасї мешаванд;

- эссеи объективї, ки дар он андешаи эссенавис дар бораи ягон идея ё сухани (гуфтаи) адибону олимон, шахсиятњои маъруфи сиёсї ва монанди инњо иброз мегардад. Муал-лиф доир ба ин идея ё сухан фикрашро баён намуда, тараф-дор ё муќобил будани худро бо далелњо собит менамояд.Ба хонандагони муассисањои

тањсилоти миёнаи умумї ва до-вталабони курсии донишљўї тавсия мешавад, ки эссеро бештар дар услуби публисистї

(дар баробари эссењои адабию танќидї, фарњангию таърихї ва ѓайрањо) нависанд. Хонан-да (довталаб) дар навиштани эссе (дар баррасии мавзўъ) бояд аз пургўйї, истифодаи истилоњоти мушкилфањм ва вожањои шевагї, калимаю ифодањои бегона, ки ба меъёри забони адабї мувофиќ нестанд, худдорї намояд. Аммо дар ба-робари ин метавонад воситањои муассири луѓавї, фразеологї ва услубї, санъатњои маънавї ва лафзии сухан (тавсиф, маљоз, ташбењ, муболиѓа, таљнис, та-крор), савол ва нидои риторикї, ибораву љумлањои њамвазну њамсохт ва монанди инњоро ба кор барад.Сохтори эссеро, асосан, аз

рўйи мавзўъ ва талабот чунин муайян намудаанд:

• сарсухан;• ќисми асосї:• тезис, далелњо,• тезис, далелњо,• тезис, далелњо, • хулоса.Вобаста ба ин, муаллиф

фикрашро дар як сарсуха-ни кўтоњ, тезисњои мухтасар (мулоњизаронї, баёни мух-тасари фикр) ва хулоса ифо-да менамояд. Ў дар њар тезис барои дурустии фикр далели мантиќї меорад. Далелњои баён (иќтибос аз асарњои адабї, таърихї, фарњангї, мисолњо аз њаёти шахсиятњои маъруф ва њаёти шахсии муаллиф) барои исбот ва ё таќвияти фикри асосї оварда мешаванд. Агар барои њар тезис 1-2 далел оварда ша-вад, андешаронии муаллиф му-фассал ва мавзўъ пурра барра-сишуда ба њисоб меравад. Дар баробари ин, бояд фаромўш накунем, ки пуррагии эссе (њаматарафа баррасї шудани мавзўъ) ба пайванди мантиќии сарсухан, тезисњо ва хулоса низ вобаста аст. Њангоми навиштани эссе ба

назар гирифтани ин нуктањо за-рур аст:

• масъалагузорї (ё гузоштани савол) дар сарсухан: “Мехоњам доир ба ин масъала андешаамро баён намоям” (агар эссеи шахсї ё субъективї бошад), “Моњияти масъалаи гузошташуда аз чї иборат аст?”, “Барои чї ин мавзўъ муњим аст?”, “Ман ба ин аќида (ё сухани овардашуда) розиям”, “Ман ба ин андеша (ё гуфта) розї шуда наметавонам” ва монанди инњо.

• аз сатри нав сар карда на-вишатани њар тезис дар ќисми асосї. Дар њар тезис масъалаи гузошташуда бо тартиб тањлил ва бо далелу санад исбот карда мешавад. Далелњо бояд равша-ну фањмо ва мулоњизаронињо мантиќї бошад, пайванди мантиќию маъноии байни тезисњо риоя шавад.

• таъкид дар хулоса: “Аз тањлили мавзўъ чунин хулоса

бармеояд, ки ...”, “Ман ба чу-нин хулоса омадам, ки ...” ва мо-нанди инњо. Хулоса љамъбасти фикр ва бо таъкиди андешаи асосї бозгашт ба сарсухан аст (пайванди мантиќї байни сар-сухан ва хулоса).Муњим ин аст, ки эссенавис

бояд андешаашро бо як тар-тиби муайян баён намояд. Аз такрори зиёди маънї, дароз кардани сухан (суханбозињои бењуда) ва овардани далелњое, ки ба мавзўъ мувофиќ не-станд, худдорї намояд. Агар ин масъалањо дар навиш-тани эссе ба назар гириф-та шаванд, онро ба талабот

мувофиќ њисобида, њангоми тафтиш аз рўйи меъёрњои муайяншуда ба он холгузорї карда мешавад.

Вараќаи кори хаттї (эссе)Барои навиштани эссе ду

вараќа дода мешавад: сиёњнавис ва тозанавис. Дар вараќаи сиёњнавис номи мавзўъњо (се мавзўъ) дода шудааст, ки хо-нанда (довталаб) як мавзўъро интихоб намуда, доир ба он фикри худро менависад. Пас аз љамъбасти фикр ў эссеи навиш-таашро бодиќќат аз сиёњнавис ба вараќаи тозанавис рўнавис мекунад.

Тартиби тафтиш ва холгузорї ба эссе

Тафтиши кори хаттї (эссе) тибќи “Дастурамал доир ба тартиби кирои тањиягарони маводи имтињон ва тафтишга-рони корњои хаттї (эссе) дар имтињонњои марказонидашу-даи дохилшавї ба муассисањои

тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон” ба роњ монда мешавад. Њангоми тафтиш ба кори

хаттї (эссе) аз ду љињат холгузорї мешавад:

1) мазмуну мундариља. Мазмуну мундариљаи эссе аз рўйи 4 меъёри муќарраршуда холгузорї карда мешавад (за-мима: Љадвали меъёри бањо ба кори хаттї (эссе)):

• мувофиќати мазмун ба мавзўъ;

• далелњои баён (далелњои адабї, таърихї, фарњангї, мисолњо аз њаёти шахсиятњои маъруф ва аз њаёти шахсии му-аллиф);

• тартиб ва мантиќи баён;• хулоса.Вобаста ба ин меъёрњо, пурра

дарк кардан ва баррасии масъа-ла, нишон додани муносибат ва мавќеи шахсии муаллифи эссе ба мавзўи пешнињодшуда ба назар гирифта мешавад. Барра-сии пурраи мавзўъ нишонаи он аст, ки хонанда (довталаб) онро дуруст дарк кардааст, доир ба

масъала фањмиши хуб дорад. Ин имкон медињад, ки ба кори ў аз рўйи меъёр холи зарурї дода шавад.

2) ѓалатњо. Ѓалатњои имлої, китобатї ва услубї дар њошияи вараќаи кори хаттї бо аломатњои шартии махсус ишора шуда, миќдори онњо дар хоначаи ѓалатњо нишон дода мешавад. Пас аз тафтиш, њангоми коркарди вараќањои кори хаттї, миќдори ѓалатњо ба воситаи барномаи махсуси компютерї ба холњо баргар-донида мешавад. Њангоми холгузорї њаљми

эссе низ ба назар гирифта меша-вад. Њаљми эссе аз рўйи мавзўъ ва талаботи пешнињодшуда, инчунин вобаста ба синну соли хонандагон (довталабон) ва ваќти барои ИМД људогардида 2 сањифаи вараќи андозаи А4 (зиёдтар аз 250 калима) муайян шудааст.Агар эссе дар њаљми камтар

аз 100 калима бошад (тибќи “Љадвали меъёри бањо ба кори хаттї (эссе)” њаљм ба сифр (0) баробар аст), ба он аз рўйи ягон меъёр хол гузошта на-мешавад. Агар њаљми эссе аз рўйи меъёр ба 1, 2 ва 3 баро-бар бошад, миќдори ѓалатњо низ тибќи ин меъёрњо ба хол баргардонида мешавад. Ин љо таъкиди як нукта за-

рур аст, ки холи имконпазир

ба њаљми эссе (0, 1, 2, 3) танњо барои холгузорї ба мазмуну мундариља ва баргардонидани миќдори ѓалатњо ба хол хиз-мат мекунад. Миќдори умумии холи бадастовардаи хонанда (довталаб) бо љамъи холњои њар меъёр (мазмуну мундариља ва миќдори ѓалатњо) њисоб карда мешавад. Эзоњ: баъд аз тафтиш ва

натиљагирии корњои хаттї (эссе)-и иштирокчёни се дав-ри озмоиш камбудињои зиёде ошкор шуд. Бо назардошти ин камбудињо аз тарафи гурўњи корї чанд талабот пешнињод гардид. Аз хонандагон (довталабон)-и азиз хоњиш ме-кунем, ки њангоми навиштани эссе талаботи зеринро ба эъти-бор гиранд:

• муќаддимаеро, ки дар вараќаи сиёњнависи кори хаттї барои роњнамої ба мавзўъ ва кушодани фикри эссена-вис пешнињод шудааст, айнан кўчонидан мумкин нест;

• эссе бояд бо хатти хоно ва бо забони адабии тољикї на-вишта шавад;

• дар эссе љумлањои махлу-ти тољикию русї ё тољикию ўзбекї бояд истифода наша-ванд;

• далелњо аз осори адабию таърихї ва њаёти шахсиятњои маъруф, хусусан зарбулмасалу маќолњо бояд бо забони тољикї (давлатї) оварда шаванд;

• аз се мавзўи дар вараќаи сиёњнависи кори хаттї овар-дашуда танњо як мавзўъ инти-хоб ва баррасї шавад. Ду-се мавзўъро дар як эссе навиштан дуруст нест;

• дар матни эссе ва ё дар њошияи вараќаи тозанависи эссе гузоштани ягон аломат (расм кашидан, ишорахат мон-

дан, навиштани ному насаб ва љойи зисти худ) мумкин нест.Эзоњ: меъёри бањо ба кори

хаттї (эссе) пас аз тасдиќ дар мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон татбиќ мегардад.

М.ШОДИЕВ,Љ. АЗИМОВ,

кормандони Маркази миллии тестї

НАВГОНЇ

ЭССЕ ЊАМ ИНШО АСТ

№ 35 30 августи соли 201310 ОМЎЗГОР ОМОДАГЇ

НАТИЉАГИРЇ

ЊИСОБОТ

- Бо як сухан метавон гуфт, ки таълимгоњњои пойтахт ба соли нави тањсил асосан омодаанд ва дар онњо барои фаъолияти босамари омўзгорону тањсили фарогири хо-нандагон шароити мусоиду созгор фароњам оварда шудааст.Дар маљмўъ дар шањри Душанбе

110 муассисаи тањсилоти томактабї ва 141 муассисаи тањсилоти умумї фаъолият доранд. Таълимгоњњои пойтахт бо омўзгорон асосан таъ-минанд. Дар муассисањои тањсилоти томактабї 1250 нафар мураббї ва дар мактабњои тањсилоти умумї 6894 нафар омўзгор фаъолият менамоянд.Соли равон дар заминаи роњхати

Вазорати маорифи љумњурї аз њисоби хатмкардагони муассисањои тањсилоти миёна ва олии касбї бояд 323 нафар омўзгорони љавон ба мактабњои шањри Душанбе њозир мешуданд, вале аз ин теъдод, мутаассифона, танњо 90 нафар (36%) ба кор њозир гардиданд.Дар тамоми муассисањои томактабї

њамаи гурўњњо, майдончањои варзишї, биноњои ёрирасон аз таъмири хушси-фат бароварда шуда, тирезањо ши-шабандии дуќабата гардида, барои таъмин намудани фаъолияти муъта-дили кўдакистон дар фасли тирамоњу зимистон дар њаљми кифоя њезум, ан-гишт, сўзишворї захира шудааст.Бањри бењтар намудани сифа-

ти тарбия ва таълими кўдакон дар муассисањои томактабї, мустањкам намудани заминаи моддию техни-кии таълимгоњњо, таъмини мураб-биёну мудирон бо маводи методию таълимї ва ѓайра корњои назаррас ба анљом расонида шудааст.Бо маводи дастурию методї таъмин

намудани кормандони муассисањои томактабї масъалаи муњими омода намудани онњо ба соли нави хониш ба шумор меравад. Айни њол зиёда аз 30 номгўй дастури методї дастраси муассисањои томактабии пойтахт гар-дидааст. Аз љумла, аз дастурњои мето-дии «Коргузорї ва њуљљатнигорї дар

кўдакистон», «Мантиќ», «Кўдакон ва олами паррандагон», «Ва-танам – ифтихорам Тољикистон», «Ман, мо ва дигарон», «Ман олам-ро донистан мехоњам», «Зинањои математикї», «Тарбияи мусиќї дар кўдакистонњо», «Худ би-соз, бо мо бисоз», «Ин-кишофи нутќи кўдакони синни томактабї», «Ис-тифодаи зарбулмасал в маќолњои тољикї дар таъ-лим ва тарбияи кўдакон», «Каломи бадеї дар кўдакистон», «Машѓулият оид ба тарбияи ма-данияти сенсории кўдакони син-фи 3-4 -сола», «Развитие русской речи», мураббияњои муассисањои томактабї дар ташкилу баргузории машѓулиятњои хеш бо кўдакон сама-ранок истифода мебаранд.Дар давраи тобистон вазъи омо-

дагии мактабњо борњо аз љониби гурўњњои махсуси раёсати маориф ва шўъбањои маориф мавриди омўзиш ќарор дода шуданд. Санљишњо ни-шон доданд, ки кормандони соњаи маорифи пойтахт вобаста ба тайё-рии мактабњо ба соли нави хониш корњои зиёдеро ба анљом расонида-анд. Аз љумла, таъмири синфхонањо, толорњо ва майдончањои варзишї, кабинетњои фаннї, ќисмати берунии биноњои таълимї, биноњои ёрирасон дар муќоиса бо соли гузашта хубтар ба роњ монда шудаанд.Бањри љалби љавонон ва навра-

сон ба варзиш ва тарѓиби тарзи њаёти солим имрўзњо дар мактабњои тањсилоти умумии шањри Душанбе 77 толори варзишї фаъолият мена-моянд, ки аксар онњо дар њолати хуб

ќарор доранд.Мутобиќ ба Ќарори Њукумати

Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тасдиќи Барномаи давлатии таъмини муассисњои таълимию илмии љумњурї бо кабинетњои фаннї, озмоишгоњњои муљањњази таълимї ва илмию тањќиќотї» дар шаш моњи соли љорї дар муассисањои таълимии ноњияњои пойтахт миќдори зиёди дарсгоњу ка-бинет ва озмоишгоњњо бо таљњизоти

муосири таълимї таъмин карда шуданд.Алњол муассисањои

тањсилоти умумии шањри Душанбе бо 3439 адад компютер таъмин шуда-анд ва ба њар 17 хонанда як компютер рост меояд, ки иљрои Барномаи дав-латии компютеркунонии муассисањои тањсилоти умумиро 83.7% таъмин ме-намояд. Љињати иљрои Барномаи

мазкур дар хусуси иљрои сариваќтии марњилаи сеюми компю-теркунонии муассисањои тањсилоти умумии шањри Душанбе ва ќонеъ гар-донидани эњтиёљот ба компютерњо тасмим гирифта шудааст, ки боз ило-ватан 2100 адад компютер харидорї карда шавад.Бояд ќайд кард, ки аз шумораи

умумии компютерњо 116 адад дар њолати корношоямї ќарор доранд.Дар муассисањои тањсилоти

умумии шањри Душанбе 160 адад синфхонањои компютерї ташкил кар-да шудаанд ва ба хонандагон 206 на-фар омўзгорон аз фанни технологияи информатсионї дарс медињанд.Њамзамон бояд ќайд намоем,

ки бо њадафи бунёди низоми яго-наи иттилоотї, гузариш ба низоми «Њукумати электронї» дар соњаи маорифи шањри Душанбе сомонаи расмии Раёсати маорифи шањри Ду-шанбе дар нишонии www.dushanbe maorif.tj ташкил карда шудааст. Њамчунин, торнамои муассисањои тањсилоти умумии шањри Душанбе бо нишонии www.mtu.tj фаъолияти шоиста дорад.Бо маќсади ба талаботи замо-

на мутобиќ гардонидани раванди

тањсил дар Маркази технологияи информатсионї ва коммуникатсия ва бо њадафи ташкил намудани синфхо-наи намунавї аз фанни технологияи информатсионї як ќатор чорањо амалї шуданд. Аз љумла, як синфхо-наи пурра аз таъмири њозиразамон бароварда шуда, бо мебелњо таъмин карда шуд. Аз хисоби маблаѓњои буљетї тахтаи электронї харидорї карда шуд.

Инак, синфхонаи мазкур ба ис-тифода дода шуд ва омўзгорони ме-тавонанд аз он истифода намоянд ва мувофиќи хоњиш метавонанд дар курсњои омўзишии Маркази техноло-гияи информатсионї ва коммуникат-сияи назди Раёсати маорифи шањри Душанбе иштирок намоянд.Баланд бардоштани мањорати кас-

бии омўзгорон яке аз самтњои асосии фаъолияти раёсати маорифи шањри Ду-шанбе ба шумор рафта, дар ин радиф аз љониби Маркази такмили ихтисоси назди раёсати маорифи шањри Душан-бе 23 курси такмили ихтисос ташкил ва гузаронида шуд, ки дар онњо 547 на-фар омўзгорон, мураббиён ширкат на-муда, мањорату малакаи касбии худро сайќал доданд. Њамчунин таљрибаи пешќадами омўзгорони мактабњои №№ 15, 20, 42, 53, 74, 91, гимназияњои «Тољикистон» ва «Душанбе» омўхта, дастраси омўзгорони мактабњои пой-тахт гардонида шуд. Љамъулљамъ дар 23 курси такмили ихтисос, 20 се-минар, 3 њисоботи эљодї машварати январї, 2166 нафар кормандони соњаи маориф иштирок намуданд. Инчу-нин, курси такмили мањорати касбии роњбарони мактабњо барои директоро-ни мактабњое, ки ба вазифа нав таъин гардиданд, дар давоми моњњои июл-август гузаронида шуда, дар он 27 на-фар директорони навтаъин мањорати корбарии худро сайќал доданд…Бовар дорам, ки соли нави тањсил

барои ањли маорифи пойтахт сар-шор аз комёбиву пешравињо хоњад буд. Ба кулли устодону шогирдон ва алоќамандони таълиму тарбия фа-ъолияти бобарору бавусъат таманно дорам.

ТањияиА.МУРОДЇ

МАРЊАБО, СОЛИ НАВИ ТАЊСИЛ!

Дар машварат андеша-ву гузоришњо ва тањлилу пешнињодот оид ба мавзўи «Вазифа ва масъулияти кор-мандони шуъбаи маориф дар партави Паёми Прези-денти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар љаласаи якљояи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 26. 04. 2013» мавриди тањлилу баррасї ќарор гирифт.

Мудири шуъбаи маорифи шањр А. Аслонов зимни баё-ни маърўза таъкид кард, ки њамасола пешнињод гардидани Паёми Президент ба Маљлиси Олии љумњурї як воќеаи муњим дар њаёти сиёсї, маънавї, фарњангї ва иќтисодию иљтимоии мамлакат мањсуб мешавад. Зеро Президент бо ироаи Паёмашон самтњои асо-сии сиёсати дохилию хориљии Тољикистон ва дурнамои пешрафти онро мушаххас ме-намоянд. Аз ин лињоз Паёми Президент оинаи пешраф-ту тараќќиёти кишварамон буда, ба сифати маромномаи ватандўстї ва башорат аз ояндаи саодатмандонаи мил-

лат моро ба сўи созандагињои бузург рањнамун месозад. Си-пас дар атрофи маърўза ва таъкидњои Президент оид ба рушди маориф директоро-ни муассисањои таълимї ва мутахассисони љавон фикру мулоњизањояшонро баён до-штанд. Раиси шањри Хуљанд

Раљаббой Каримов зимни суханронї ва табрикоти хеш аз дастоварду комёбињои ањли маориф ёдовар шуда,

лаи иљроиши ќонуни «Масъ-улияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», вазъи љиноятсодиркунии ноболиѓон, риояи либоси мактабї, ифтитоњи мактаб ва кўдакистони инноватсио-нии Президентї, ќадрдонии омўзгорони фаъолу эљодкор ибрози андеша намуд.Намояндаи Вазорати мао-

риф Парвиз Саидов табрикоти вазири маорифи Тољикистонро

ба муносибати фарорасии соли нави хониш ба самъи ишти-рокчиёни машварат расонида, оид ба дастоварду комёбињо ва камбудињои мављуда дар соњаи маорифи шањри Хуљанд фикру андешањояшро баён дошт. Сардори раёсати маори-

фи вилояти Суѓд Саидмухтор Љалолов аз дастовардњои ањли маорифи шањр дар соли равон ёдовар гардида, иштирокчи-ёнро ба муносибати фарора-сии соли нави хониш ва љашни 22-солагии Истиќлолияти

Љумњурии Тољикистон табри-ку тањният гуфт. Дар поёни машварат ба

омўзгорони навовару эљодкор ва собиќадорони соња туњфа ва ифтихорномањои раиси шањри Хуљанд, раёсати маорифи ви-лояти Суѓд ва шуъбаи маори-фи шањр таќдим карда шуд.

Бо ќироати мурољиатномаи иштирокчиёни машварати ав-густии кормандони соњаи ма-ориф ва садо додани Суруди миллї машварат ба кори худ анљом бахшид.

Нуъмон РАЉАБЗОДА

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ-РОЊНАМОИ МО

лат моро ба сўи созандагињои

бнровсофд

№ 35 30 августи соли 2013 11ОМЎЗГОР ФАЪОЛИЯТ

Њомид МАЉИДОВ, профессор

ТАЊЌИЌ МЕЪЁРЊОИ ИСТЕЪМОЛИИЗАБОНИ АДАБИИ МУОСИРИ ТОЉИК

(Идома аз шуморањои гузашта)

Ќобили тазаккур аст, ки ќолабњои нањвии зиёди дар форсињои бурунмарзи истифо-дашаванда ба меъёрњои истеъ-молии забони мо мувофиќат намекунанд. Ба ин нисбат гоње ба тољикзабон њамчун ќолаби ифодаи хоси тољикї пешкаш на-мудани онњо ба љуз саргумиву њамдигарнофањмињо чизи дига-реро ба вуљуд оварда наметаво-нанд. Масалан, љумлањои хаба-рашон танњо бо сифати феълї бидуни бандакњо ифодашуда, ки аз љониби баъзе ќаламдастон зиёд сўйистифода мешаванд, ба ќатори њамин гуна ќолабњо до-хил шуда метавонанд:Бузургони ояндаи дунё дар

њаќќи вай борњо тараннум карда, ки чунин мазмун до-шта («Фараж», 4.04.2012). Аз ин боис онњо ѓайри номашон соњибтахаллус њам гардида

(«Фараж», 11.04.2012).Ба њамин монанд дар

ибораорої тољикї бо бандакљонишинњо истифода бурдани пешоянди аз берун аз меъёри истеъмолии тољикї аст:Алъон, ки бароям маќдур нест,

бо хонданамазашон ташаккур мекунам. Азаш пўзиш хостам, ки таањуд додам, то лаб бибандам (Чархи гардун, 26.09.1997).Дар амалкарди меъёрњои-

нањвии забони адабї тамоми навъњои дигари он низ таљассум ёфтаанд ва мањз дар сатњи нањвиёт амали дастаљамъии њамаи меъёрњои истеъмолии онро мушоњида кардан мумкин аст. Албатта, истифодаи сама-ранок аз меъёрњои нањвї низ ба мављудияти дастуру луѓатњои махсуси роњнамо сахт вобастагї

дорад. Масалан, луѓатњои грамматикї, њамнишинии вожањо ва воситањои граммати-кии онњо, луѓатњои басомад ва чаппа ва хосатан луѓати ќолабњои мустаъмалинањвии забонамон истифодаи муфиди меъёрњои нањвии онро таъмин карда ме-тавонистанд. Мутаассифона, ин њама дастуру луѓатњои барои за-бони адабї нињоят зарур то њол ба вуљуд оварда нашудаанд.Дар асоси ин њама ќайду

мулоњизањои рољеъ ба навъњои мухталифи меъёрњои истеъмо-лии забон изњоршуда, моњияти меъёрњои забони адабии тољикиро ба тариќи зайл боз њам аниќтар намудан мумкин аст: Маљмўи мунтахаби воситањои ифодаи забони адабї, ки дар ин ё он марњилаи инкишофи он ба

тарзи њатмї ба кор бурда меша-ванд, воситањои меъёрии онро ташкил медињанд. Воситањои ме-ъёрии забони адабї дар њар давру замон аз захираву имкониятњои мављудаи он ба таври мушах-хас интихобан гирифташуда, ба низоми умумї дароварда меша-ванд. Забони адабии дорои чунин воситањои њатмии истеъмолї за-бони меъёрї ва ё нормативї но-мида мешавад.Дуруст аст, ки бо мурури

таѓирёбињои сиёсї, иќтисодї ва фарњангї дар љомеа меъёрњои забони адабии он њам як ан-доза таѓир ёфта метавонанд. Лањзањои зиёди онњо боз њам аниќтару пурратар гашта воситањои ифодаашон бештару фањмотар мегарданд, вале на ба он андоза ва ё ба он тарзе, ки си-

стемаи ин забонро ба куллї ди-гар кунанд.Фаромўш набояд кард, ки

дигаргунсозињои бемавриду нољои меъёрњои шаклгирифтаи забони адабї, ки дар сањифањои маљаллаву рўзномањои давр зиёд мушоњида мешаванд, ба ќобилияти ахборирсолдињии он хисораи назаррас во-рид намуда, дар натиља бои-си гуногунфањмињо, њатто ѓалатфањмињои номатлуб шуда метавонанд. Вазифаињар яке аз гунањои људогонаи забон, аз љумла, забони адабї њам таъми-ни муомилоти даќиќи ањли љомеа аст. Агар он ин вазифаи азалии худро адо карда натавонад, пас ба он зарурате намондааст. Дар чу-нин мавридњо одамон ба гунањои дигари забон ва забонњои дигар мурољиат мекунанд ва аз онњо ис-тифода мебаранд.

Дар машварат маърўзањое аз ќабили «Омўзиш ва тарѓиби таљрибаи пешќадами педагогї – вазифаи муњимми ойинномавї», «Рушди маданияти молии мак-таб», «Истифодаи стандааарти-затсия ва тестикунонии давлатї дар сохтори маорифи ШМА ва Англия», «Ташкили шаклњои муосири корњои илмию методї гарави болоравии сифати таъ-лим ва сатњи донишу маърифати хонандагон», «Шакл, техноло-гия ва мазмуни кори шўроњои педагогии мактаб дар замо-ни муосир», «Ташкили низоми идорї, педагогї ва психологии таълими равиявии таълимгиран-дагони зинаи сеюми таълим», «Њифзи њуќуќи мењнати корман-дон, коргузорї ва њуљљатнигорї дар мактаб» хонда шуданд, ки масъалањои вобаста ба фаъолия-ти идорї ва касбии омўзгорон ва тарѓиби таљрибаи пешќадам, рушди шароити созгори молї дар мактаб, фаъолияти шўрои педагогї, ќоидањои тартиботи до-хилии мактаб, роњњои болоравии сифати тањсилотро дар бар меги-рифтанд ва барои пешрафти мин-баъдаи кори роњбарони мактабњо, бешак, муфид њам буданд.Чунин ба назар мерасид, ки

дар байни маърўзањои хондашу-да мавзўъњои «Рушди маданияти моли мактаб» (Мўсо Асозода, директории мактаби раќами 88), «Ташкили низоми идорї, педагогї ва психологии таълими равиявии таълимгирандагони зинаи сеюми таълим» (А.Боронов, директории гимназияи раќами 53) ва «Њифзи њуќуќи мењнати кормандон, коргузорї ва њуљљатнигорї дар мактаб» (М.Ќурбонов, муовини раиси Кумитаи иттифоќи касабаи кормандони маориф ва илми ЉТ) зиёдтар таваљљуњи њозиринро ба худ љалб сохтанд. Масалан, М. Асозода дар рафти суханронии хеш симои мактаби имрўзаро аз даромадгоњ то ќабулгоњи дирек-тору китобхона аз рўйи талабот

ва этикаи корбарии имрўз тасвир кард. «Атроф ва дохили мактаб муњит ва ё фазоест, ки дар он корњои таълимиву тарбиявї су-рат мегиранд. Ин фазо ба ташак-кулёбии љисму равони кўдакон таъсир мерасонад. Бояд мунтазам дар фикри обод кардани шароит буд, то муњит дилкашу бофароѓат бошад. Кўдакон аз синфи як то ёздањ њамарўза дар вазъи оромї, тамизї, зебої, хушбўйї ќарор до-шта бошанд, онњоро кабинетњои аз рўйи завќи баланд ородода-шуда, катибањои пурмаънову омўзанда, муњити орому тарбият-

бахши он ба худ љалб созад. Му-таассифона, дар баъзе мактабњо баробари воридшудан ба димоѓ бўйи нохуш мерасад, ки он бештар аз њољатхонаву ошхона пањн ме-гардад. Муаллимон ва роњбарони он мактабњо пайваста худситої мекунанд, аммо тирезањои чирки-ну шикаста, лавњу доскањои ранг-парида гувоњи завќи пасти ањли омўзгорони он даргоњро дало-лат мекунад. Ба таври омўзанда љињозонидани мактаб ва барои хо-нандагон омода кардани муњити созгор кори содаву осон нест. На њар роњбар ва тобеъони он аз ўњдаи он баромада метавонанд. Албатта, барои ба сатњи мада-нияти баланди молї расонидани мактаб њар роњбар аз 15 то 25 сол пайваста зањмат мекашад, вале дар шароити зуд-зуд иваз шуда-ни директорон ва аз даст ба даст гузаштани таълимгоњ гумон аст, ки чунин шароити созгор барои шогирдон муњайё гардад»,- гуфт маърўзагар. Ў ба тариќи мисол яке аз директорони муваффаќи собиќи яке аз мактабњои шањрро ном гирифт, ки 34 сол пайваста дар як таълимгоњ зањмат кашида-асту баъди ў паси њам 8 директор љой иваз кардаанд. Чи навъ ки зикраш рафт,

њозирин ба суханронии М.Ќурбонов, муовини раиси Кумитаи иттифоќи касабаи кор-мандони маориф ва илми ЉТ низ таваљљуњи бештар зоњир карданд. Ба маърўзагар пас аз хатми су-ханрониаш саволњои зиёд дода, љавобњои ќонеъкунанда гириф-танд. М.Ќурбонов ба њозирин таъ-

кид дошт, ки дахолат кардани роњбари муассиса ба кори раи-си итттифоќи касаба љиноят аст. Директори мактаб ба кори му-аллимии шахсе, ки раисии ИК мактабро ба ўњда дорад, њамчун

зертобеаш дахолат карда мета-вонаду бас. Дар мавриди кори иттифоќи касаба ў зертобеи ди-ректори мактаб нест. Аз ин рў, бояд роњбарони мактабњо ибо-раи нољои «иттифоќи касабаи ман»-ро, аз зењнашон дур кар-да, дар мавриди њифзи њуќуќи мењнати кормандони мактаб ба раиси иттифоќи касаба дахолат накунанд, балки њамчун узви ин иттифоќ аз ќонуншиканї барњазар бошанд.Бояд зикр кард, ки баранда-

гии љамъомади мазкурро њамчун пири кор мактабшиноси маъруф, мушовири кабинети таълимию методии МТИК Њабиб Исканда-ров ба дўш дошт. Мавсуф доир ба аксари масоиле, ки сухан сари он мерафт, изњори назар намуда, маслињатњои муфид дод.Саранљом иштирокдорони

машварати августии директоро-ни мактабњои тањсилоти умумии пойтахт иловатан бо мазмуну моњияти ќонуни ЉТ «Дар бораи маориф» (22.07.2013, №1004) ши-нос гардида, дар бораи роњњои амалигардонии талаботњои он дастуру супоришњои мушаххас гирифтанд.

Марям ЭШОНЉОНОВА, «Омўзгор»

Дар муассисањои тањсилоти миёнаи касбї соли тањсили 2012 – 2013 аз рўйи 5 равия соњаи омўзгорї, аграрї, фарњанг, техникї, тиб) довталабон њуљљат супориданд. Ќабули довталабон соли љорї дар муассисањои тањсилоти миёнаи касбї тибќи «Ќоидањои ќабули донишљўён ба муассисањои тањсилоти миёнаи касбии Љумњурии Тољикистон барои соли тањсили 2013 – 2014», ки бо Ќарори мушовараи Вазо-рати маорифи Тољикистон аз 28 феврали соли 2013, №3/36 тасдиќ шудааст, ба роњ монда шуд.Б. Одинаев афзуд, Вазора-

ти рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон барои соли тањсили 2013 – 2014 ба муассисањои тањсилоти миё-наи касбї њамагї 19235 на-фар ба гурўњњои буљавї ва шартномавї љой људо намуда-аст. Бо маќсади шинос шудан бо

муассисањои таълимї буклети «Рањнамо» тартиб дода шуда буд, ки дар ташвиќу тарѓиби љавонон барои њуљљат супори-дан ба муассисањои таълимї кўмак намуд. Устодони таълимгоњњо барои гузарон-дани ташвиќот ба мактабњо сафарбар гардиданд. Дар ба-робари ин, дар рўзномањои ноњиявї, вилоятї, љумњуриявї маводи ташвиќотї ба нашр расонда шуд. Бо вуљуди њамаи ин, њангоми ќабули њуљљатњо дастандаркорони соња ба баъ-зе мушкилињо низ рў ба рў гардиданд, - гуфт. Б. Одинаев. Яке аз чунин мушкилот дар њуљљатгузории довталабон љой доштани камбудињо буд. Аз рўйи маълумоти мутасаддиён маълум гардид, ки масъули-ни макотиби тањсилоти миё-наи умумї дар пур кардани шањодатномањои хатмкунан-

дагон ба хатоињо роњ додаанд. Чунин бемасъулиятї мушки-лоти кори комиссияи ќабулро ба миён оварда, боиси сар за-дани нофањмињо байни довта-лабон ва масъулини комиссияи ќабули муассисањои таълимї гардид. Дар баробари ин, дар

њуљљатњои довталабон аз беањамиятии баъзе директо-рони муассисањои тањсилоти миёнаи умумї (мувофиќат накардани ному насаб бо ши-носнома, мутобиќат накарда-ни миќдори фанњои таълимї, хира ва ноаён будани муњр дар њуљљаињо, ѓалатњои имлої, кам будани шумораи имзоњо ва монанди ин) боиси ташвиши кори комиссияи ќабул гардид. Дар љаласаи кории назди

вазири маориф масъалањои омода ва тањияи стандартњои давлатї, барномањо ва наќшањои таълимї, амалї на-мудани сохтори коллељњо, омодагї ба соли нави тањсили 2013 – 2014 ва зимистонгузаронї ва масъалањои дигари љорї мавриди муњокимаву баррасї ќарор дода шуданд. Вазири маорифи Љумњурии

Тољикистон Нуриддин Саи-дов ба иштирокдорони љаласа барои дуруст ба роњ монда-ни системаи њуљљатгузорї ва таълими минбаъдаи шо-гирдон дар муассисањои тањсилоти миёнаи касбї су-поришу дастурњои мушах-хас дод. Ў таъкид намуд, ки иљрои наќшаи давлатї оид ба ќабули довталабон ба муассисањои тањсилоти миё-наи касбї зарур ва њатмист. Аз ин рў, минбаъд низ ин масъала бояд мавриди на-зари љиддии роњбарони муассисањои номбурда гар-дад.

Њотами ЊОМИД, «Омўзгор»

МАШВАРАТ ЉАЛАСА

ОМЎЗИШ ВА ТАРЃИБИТАЉРИБАИ ПЕШЌАДАМ

Дар машварат маърўзањое

вкмкрктдббёзтш

БЕМАСЪУЛИЯТЇ НАШОЯД

№ 35 30 августи соли 201312 ОМЎЗГОР УМРЕ БО МАОРИФ СОЊИБЉАШН

Бародарам гуфтанд, ки номи зебоеро интихоб кун ки њамќофияи Њабиба бошад. Пешнињод намо, баъд ман онро иваз хоњам кард. Ман бадоњатан гуфтам, бигзор Ша-рифа бошад, яъне:Шарифа духтари доно,Тамом кардаст «Алифборо».Њамин тавр, ин ном ќабул шуду дар

нашрњои минбаъда Њабиба ба Шарифа иваз гардид». Аз ин суњбати бародару хоњар чанд

дањсола гузаштааст ва бо хидматњои модга-ри хеш ќањрамони нигоштаи мо дар рушди маорифи кишвар љонфидоињо кардааст, ки аз рўзгори ибратомўзаш њикоя хоњем кард. Зан оинаи оила ва миллат аст ва ќалби

зан махзани мењру муњаббат, нури имон ва сидќу сафост, саодати зиндагї дар ифодаи Зан-Модар нуњуфтааст. Бале, воќеан њам Зан оинаи поку беѓубор, инъикоси симои зоњирї ва ботинии њар халќу миллат ва дав-лат аст. Президенти Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон фармудаанд: «Мо занони равшанфикр, бомаърифат, соњибилм ва њамќадами замон бисёр дорем, занону бо-нувони бонангу номуси кишвар њамон ри-солати хосу азалии худро ба љо оварда, бо фазлу њикмат ва бо мењру муњаббат моро аз њама эњсосоти пок ва њаётбахшу офаридгор саршор мегардонанд». Аз зумраи чунин занони равшанфикру

бомаърифат ва соњибмактабу њамќадами замон, омўзгори собиќадор, Њабиба Ка-римова мебошад, ки дар ин рўзњои басо фарањбахшу хотирмон 90-солагии мавлу-дашро таљлил менамояд. Сафари кории мо ба шањри зебоманза-

ри Конибодом мањз бо маќсади ошноии бештар пайдо кардан ба рўзгору зиндагии як зани диловари тољик, анљом пазируфт. Воќеан Канди бостон диёрест, ки бо фар-зандони барўманди худ, ходимони њизбиву давлатї, олимону ањли адаб, мутахассисо-ни варзидаву роњбарони масъулиятшино-саш, ки дар соњањои мухталифи хољагии халќи кишварамон кору фаъолият до-шта, дар ободию шукуфоии Тољикистони соњибистиќлол наќши босазо гузоштаанд, ифтихор дорад. Суњбати мо бо ин зани бардаму со-

лим ва ширинсухану равшанзамир дар њавлии хушманзараву барњавояш муалли-ма оѓоз гардид. Њабиба Каримова нахуст хотирањои хеш аз он солњои вазнин, ки барои мањви бесаводї аввалин мактабњои намуди нав пайдо шуданду аз 6-сола то 40 - солањо тањсил мекарданд, ёдовар шуда, ба-рои ободию шукуфої ва тинљию осудагии мардум дасти дуо бардошт.

«Аслан, пешаи омўзгориро интихоб кардани ман таърихе дорад. Ањли хона-водаи мо њама бомаърифату донишманд буданд. Њамеша моро талќин мекарданд, ки бештар хонему илм омўзем ва аз њама илмњои замон бањравар гардем. Модарка-лонам Шоњзодаотун ба писарону духтаро-ни шаш мањалла дарс мегуфтанд. Модари азизу мењрубонам-Марњаматбону дар мактаби хонагї вазифаи бибихалифаро иљро мекарданд ва аз неъмати саводу до-ниш комилан бањраманд буданд. Модарам њамеша бо овози љарангосї ва ширадори худ аз ашъори Њофизу Саъдї ва Бедил ѓазалњо ќироат карда, мо - фарзандонро талќин мекарданд, ки онњоро такрор ва аз бар намоем. Дар чунин як муњити дониш-

мандону маорифпарварон 5-уми сентябри соли 1923 ман дида ба дунё кушодам ва падару модар бо умеди он ки њабиби хона-вода ва кишвар гардам, номи маро Њабиба гузоштанд. Бале, он солњо хеле вазнин буд. Зери таъсири тарбияи шоистаи ањли хона-вода бачањои мањаллаамонро љамъ карда, мактаббозї мекардем ва дар аксари маврид муаллим ман будам. Ба модарам ва модар-калонам таќлид карда, ба бачањои мањалла дарс мегуфтам, онњоро водор мекардам, ки дарсро гўш кунанд, њарфњоро шиносанд ва абёти пурњикмати бузургонро њифз намо-янд. Як рўз фориѓ аз њама ранљу мушкилот машѓули мактаббозии худ будем, ки ба-родарам Њилолиддин вориди манзил гар-дида, ин рафтори маро њамчун омўзгори оянда назорат карда, хеле завќ карданд. Баъди чанде маро даъват карда, таъкидан се маротиба гуфтанд: «Хоњарљони азизи

ман, инро фаромўш накун, ту бояд оянда муаллим шавї, муаллим!» Ростї, ваќте он рўзњоро ба ёд меорам, ба гўшам садои ба-родари арљмандам мерасад, ки гуфта бу-данд: «...ту бояд муаллим шавї, муаллим!»Шояд њамин роњнамоии бародари гиро-

миам буд, ки пешаи омўзгориро интихоб кардам ва бо вуљуди душворињои он солњо мењри илму дониш ва чароѓи маърифатро дар ќалби шогирдон мунаввар гардон-дам».Тањсили ибтидоиро Њабиба дар макта-

би мањалла, ки бо номи «Намуна» маъруф буд, фаро гирифт. Ба ў дар тањсил хоњарон ва модар ёрї мерасонданд. Бо ёрии лўбиёву нахуд њисобро омўхта, амалњои арифме-тикиро иљро мекард. Он ваќт хондан хеле душвор буд, ќалам, дафтар, китоб намера-сид, аммо ташнагони илму дониш њаракат мекарданд, ки саводнок шаванд. Баро-дарони маорифпарвари Њабиба барояш њама лавозимоти зарурии хонишро омода мекарданд ва ў њам кўшиш мекард, ки бо тамоми раѓбат бо бањои аъло тањсил карда, сазовори боварии онњо гардад. Баъди хатми мактаби «Намуна» соли

1934 Њабиба ба педкомбинати шањр (њоло омўзишгоњи омўзгорї) дохил шуда, онро бо бањои аъло хатм мекунанд. Њангоми дар курси охир тањсил кардан 11 нафар аълохонњоро даъват карда, барои барњам додани бесаводї њамчун вазифаи љамъиятї сафарбар менамоянд.

-Ман њамчун муаллими курси мањви бе-саводии мањаллаи худамон дар назди мак-таби «Намуна» ба машѓулиятњо шурўъ кардам. Дарсњо аз соати 16 барои занњо ва 18 барои мардон оѓоз гардида, дар њавлии берунаи мардум-мењмонхонањо гузаронида мешуданд. Ман, ки хеле хурд будам, ќадам ба тахтаи хатнависии синф намерасид, харакчањоро зери поям монда, менавиштам. Машѓулияти ин курсњо хеле душвор буд, за-нон бо ду-се кўдак ба курс меомаданд, вале ба њама ин душворињо нигоњ накарда, барои саводнок кардани онњо кўшиш мекардам. Баъди машѓулиятњои мањви бесаводї барои ба хона рафтан, махсусан шабњангом метар-сидам. Зеро гурўњи мутаассибон ба ман ба чашми ѓазаб нигоњ мекарданд ва шогирдони калонсол маро то хона њамроњї мекарданд...-мегўяд муаллима. Њабиба Каримова соли 1937 педкомбина-

тро бо бањои аъло тамом кард ва њафт нафар хатмкунандагони аълохон, аз љумла, муал-лима њамроњи њамсабаќи арљмандашон ака-демик Рауф Баротов барои саёњати шањрњои Москаву Ленинград рафтанд. Пеши назари онњо дунёи дигар љилвагар гардид ва аз сай-ру саёњати љойњои таърихии шањрњои Ма-скаву Ленинград бо як љањон таассурот ва хотирањои ширин баргаштанд. Соли 1937 фаъолияти кории ќањрамони

мо ба сифати муаллими синфњои ибтидої дар мактаби «Намуна» оѓоз мегардад. Дар синфи якум 41 нафар бачагони аз 8 то 16-сола тањсил мекарданд ва барои муаллима, ки ќадам ба 14-солагї гузошта буд ва бархе шогирдонаш дар синну сол аз ў бузургтар буданд, таълиму тарбия мушкилињо пеш меовард. «Бачањо байни њамдигар гап ме-заданд, механдиданд ва њатто занозанї њам мекарданд, вале бо вуљуди ин душворињо дилам ба пешаи муќаддаси омўзгорї хунук намешуд ва њаракат мекардам, ки роњу усу-ли таъсиррасониро ёфта, шогирдонамро

босавод гардонам. Касби интихобкарда-амро бенињоят дўст медоштам ва мехостам мисли бародарам Њилол Каримов муалли-ми номдор шавам»-таъкид кард њамсуњбати ман. Курсњои мањви бесаводї то давраи

Љанги Бузурги Ватанї идома карданд ва муаллима рўзона дар мактаб ва бегоњ ба машѓулияти курс рафта, бањри саводнок-кунии шогирдонаш собитќадамона талош мекард. Соли 1942 мактаби «Намуна» ба мактаби 7-сола табдил ёфт ва Њабиба Ка-римова ба вазифаи мудири калони илмї таъин гарданд. Дар солњои љанг омўзгорон дар ду баст кор мекарданд ва маоши онњо 228 сўмро ташкил медод. Як кило нони бул-ка 150 сум арзиш дошт ва бо маоши якмоња ќариб 2 кг нон харида мешуд. Бо вуљуди ин душворињо пагоњї ба дарс, бегоњї ба курс мешитофтанд ва ваќт ёфта, њар њафта ба

фронт «посилка» њам мефиристонданд. Дар њамон рўзњои сангини љанг Њабиба

Каримова, ки 19-сола буд, муовини дирек-тории мактаб таъин шуд. Дар 26-солагї сарварии мактабро ба дўш гирифт. Мак-таби «Намуна» соли 1918 таъсис ёфта, на-хустин мактаби пойгоњиву намунавї дар љумњурї мањсуб мешуд. Дар даврањои гуногун ин таълимгоњро бењтарин фар-зандони барўманди миллат: Абдулањад Ќањњоров, Б. Ниёзмуњаммадов, Шарифљон Њусейнзода, Њилол Каримов, Муллољон Фозилов, Комил Ёрматов, Лутфї Зоњидова ва дигарон хатм карданд, ки дар шинохти миллати тољик барои љањониён наќши мон-дагор гузоштаанд. Њабиба Каримова баъди хатми

донишгоњи омўзгории шањри Душанбе дар соли 1953 бањри густариши соњаи маорифи шањр хидматњои шоиставу арзанда карда-аст. Ба туфайли њисси баланди масъулият, серталабї нисбат ба худ ва ањли омўзгорон, љўяндагию созандагї, муттањид намудани омўзгорон ва моњирона равон намудани онњо ба корњои таълиму тарбияи мактаб дар миќёси шањру вилоят ва љумњурї ба дастовар-ду нишондодњои баланд ноил гардид. Мак-таб бо Ифтихорномаи Президиуми Шўрои Олии РСС Тољикистон сарфароз гардида, се маротиба дар Намоишгоњи комёбињои хољагии халќи ИЉШС ширкат варзид ва бо медалњои тилло ва нуќра ќадрдонї гар-дидааст, ки њамаи ин подоши зањматњо ва кўшишу ѓайрати пайгиронаи Њабиба Кари-мова мебошад. Бо ибтикори бевоситаи му-аллима биноњои замонавии мактаб сохта ба истифода дода шуданд, ки дар онњо тамоми шароити таълим ва тарбия фароњам буд. Дар баробари вазифаи пурмасъулия-

ти саврарии мактаб муаллима дар корњои љамъиятї низ фаъолона ширкат варзида, аъзои Кумитаи муњофизати сулњи РСС Тољикистон, раиси шўрои занони шањр, роњбари машварати доимоамалкунандаи директорони мактабњо дар назди шуъбаи маориф ва як ќатор вазифањои дигарро низ ба дўш дошт. Борњо дар анљуманњои бону-фузи љумњуриявї ва умумииттифоќ ширкат варзида, маърўзањои љолиб хондааст. Барои хидматњои шоистаа дар назди

халќу Ватан Њабиба Каримова бо ду ор-дени Ленин, унвони баланди Ќањрамони Мењнати Сотсиалистї, Аълочии маорифи

халќи Љумњурии Тољикистон ва ИЉШС, 18 медал, дањњо ифтихорномаву сипосномањо, унвони Муаллими хизматнишондодаи Љумњурии Тољикистон ќардонї карда шу-дааст. Дар бораи таљрибаи мактаби «Намуна»,

ин зани шуљоъ зиёда аз 40 сол сарварии онро ба дўш дошт ва њамчунин њаёту фа-ъолияти ибратбахши ў њафт китоб ба нашр расида, дастраси мардуми Тољикистон гар-дидааст. Њабиба Каримова бо рўзноманигори

шинохта, ходими хизматнишондадаи ма-данияти Љумњурии Тољикистон Тўхтасин Љабборї 61 сол њамсару њамтаќдир буд. Онњо соњиби 5 фарзанд гардида, њамаро онњоро дар рўњияи садоќат ба кори халќ тарбия намуда, ба воя расониданд, ки имрўзњо дар соњањои гуногуни хољагии халќ сарбаландона зањмат мекашанд. Айни

замон муаллима дар њалќаи фарзандон ва 14 набераю абера давлати пирї рон-да, маслињатгару роњнамои пиру љавони мањалла аст ва дар тамоми љамъомадњои фарњангии шањри Конибодом фаъолона иштирок ва суханронї менамояд.Њабиба Каримова аз зиндагию фаъо-

лияти кории худ дар таълиму тарбияи насли наврас розиву мамнун аст ва таъкид медорад: «Ман саодатманду хушбахтам, барои саводнокии халќам хидмат кардам, тифли ширхораам дар оѓўш барои сохтмо-ни се мактаб талош карда, ба маќсад њам расидам. Ба муаллимони љавон насињат мекунам, ки агар дар љавонї аз сидќи дил кор кунанд, дар пирї низ соњибобрўву соњибмартаба мегарданд. Омўзгор бояд ѓурури баланди миллї дошта бошад, албат-та имрўз маоши онњо кам аст ва тадриљан бо дастгирии Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон он боло бурда мешавад. Муаллим бояд њељ гоњ мутеи пулу даст-музди шогирди хеш набошад ва зиндагии хубу ободро ташкил карда тавонад, њаргиз муњтољи ёрии касе нагардад. Дар ин сурат мо маќом ва обрўи муаллим-тарбиятгарро боло хоњем бурд». Њар сол чун анъана рўзи 5-уми сентябр

дўстону пайвандон ва шогирдон ба ман-зили Њабиба Каримова гирд меоянд, ўро бо зодрўзаш табрик менамоянд. Љашни зодрўзи имсолаи муаллима вижагињои хоси худро дорад. Зеро 90-солагии бонуи рав-шанзамире таљлил мегардад, ки дар тўли 55 соли фаъолияти омўзгорї ва љамъиятии хеш дар тарбияи њазорњо нафар инсон сањми арзандаи худро гузоштааст. Дар арафи љашни 90-солагии муалли-

ма чун армуѓон китоби нав омодаи чоп аст. Зиндагии Њабиба Каримова барои љавонон ибратомўз аст ва месазад, ки дар бораи чунин бонувони фидоии соњаи мао-риф бештар бинависем, то насли наврас бидонанд, ки дар солњои 30 ва 50-уми асри гузашта бањри рушди мактабу маориф дар ќатори мардњо занњои тољик чї гуна тало-шу љоннисорињо кардаанд. Дар фарљоми сухан аз номи њайати эљодии њафтаномаи «Омўзгор» ба муаллимаи арљманд Њабиба Каримова давлати пирї, саодати рўзгор, офияти бардавом ва њама хушињои зинда-гиро таманно менамоем ва порае аз шеъри шогирди арљмандаш Юсуф Ањмадзодаро эњдо менамоем:Умратон бодо дароз, эй модари љонкоњи

ман,Аввалин устоди аз њар неку бад огоњи ман.Ќадри андарзи Шуморо гар надонад

беадаб,Њамчу дуди њезуми тар хезад аз дил оњи

ман.Дар дили торики шабњоям чароѓ

афрўхтед,То ки даргирад чароѓи илм дар даргоњи

ман.Аз «Алифбо»-и бародар бас сабаќ

омўхтед,То бимонад офтоби маърифат њамроњи

ман.Љавњари панди Шумо мушкилкушои

зиндагист,Сабт шуд номи Шумо дар лавњи

донишгоњи ман.

Нуъмон РАЉАБЗОДА,«Омўзгор»

БОНУИ РАВШАНЗАМИР ВА ОМЎЗГОРИ БЕНАЗИРЊабиба духтари доно, тамом кардаст «Алифбо»-ро

№ 35 30 августи соли 2013 13ОМЎЗГОР МАЪРИФАТ ТАРБИЯ

Тифлро аз кўдакї омўз адаб,

К-аз каломи тарбият одам шавад.

Тарбия асоситарин фаъоли-ятест дар ташаккулёбии шах-сият. Ин кори муњим ба зиммаи волидон ва омўзгорон гузошта шудааст. Барои хушрафто-ру хушгуфтор ва бофарњанг ба воя расидани кўдак тар-бияи дурусту маќсаднок зарур аст,зеро фарзандро дар кадом рўњия тарбия намої, њамон хел ба воя мерасад.Тарбияи дурусту маќсаднокро танњо омўзгор ва волидони бомаъри-фат ба роњ монда метавонанд, зеро онњо аз нозукињою асрори тарбия бархурдоранд.Манбаи асосї дар ташкили тарбияи маќсаднок омўзонидани осори гаронбањои гузаштагонамон ба њисоб меравад.Ниёгони мо вобаста ба тамо-

ми пањлўњои тарбия аз худ осо-ри гаронбањое боќї гузошта-анд. Яке аз ахтарони дурахшони осмони адабиёти форсу тољик, устоди адаб Саъдии Шерозї му-аллими ахлоќ,тарбиятгари маъ-навии њазорон-њазор наслњои инсонист.Яке аз асарњои Саъдии

Шерозї «Бўстон» мебошад.Ин асари манзум буда, соли 1257 навишта шудааст. Ќариб њазор байтро дар бар мегирад. Саъдї дар «Бўстон» дониши андўхта, таљрибањои омўхта расму русум ва одоби њамидаро гирд оварда, андешањои худро баён намуда-аст. Асар љанбаи тарљумањолї дошта, ќањрамони асар худи Саъдист. Ин асарро «Саъди-нома» њам меноманд. «Бўстон» панди судманд ва роњнамои инсон ба љодаи камолоти маъ-навист. Саъдї сифатњои асосии инсонро васф намуда, донишу рой,саховат ва инсондўстии мардумонро бештар таъкид менамояд. Тараннуми некиву накўкорї дар ин асар љойгањи махсус дорад. Нахоњї, ки нафрин кунанд

аз пасат,Накў бош,то бад нагўяд

касат!Дар боби эњсон Саъдї бо

њикоятњои судманд мардум-ро сўи инсонпарварї мехо-над. Эњсон, хайру некї он аст, ки ѓариберо, ки ба сўят дасти умед дароз намуда-аст, ноумед нагардонї, да-сти навозиш бар сари ятимон бубарї, фурўмондагонро шод гардонї:Магардон ѓариб аз дарат

бенасиб,Мабодо,ки гардї ба дарњо

ѓариб,Саъдї эњсонро зебу зинати

адлу дод ва рафтори шахси адолатпеша мешуморад. Ў дар саросари «Бўстон» њикоятњои ахлоќию таълимї ва тамсили-ро истифода бурдааст ва њар як монанди буттаи гуле њастанд, ки дар љои худ шукуфтаанд ва агар онро аз љояш берун орї, холигоње пайдо мешавад. Манзур гулњои маънист, ки бо таровати худ «Бўстон»-и суха-ни Саъдиро муаттар месозанд.Нишони инсони рањмдил

,порсову накўкор ин аст, ки ба бекасону ятимон шафќат созад, ѓубори дили гирёни онњоро бияфшонад,дар дами сахтї дастгирї онњо шавад. Саъдї зикр мекунад, ки бадї мекунад, бар асли хеш теша мезанад. Ба аќидаи ў, чун умри

њама рўзе ба поён мерасад, баду неки мардум низ мегуза-рад, њамон бењ ки номи касро ба некї баранд:Баду неки мардум чу

мебигзаранд,Њамон бењ, ки номат ба некї

баранд.Ба аќидаи Саъдї, дилозорї

пешаи мардуми сифла аст. Шоир некиву накўкориро хис-лати њамидаи инсонї мешумо-рад. Љавонмардиву хушхўиву бахшандагї - ин аст камоли инсоният:Љавонмарди хушрўю

бахшанда бош,Чу њаќ бо ту бошад, ту бо

банда бош.Касеро изо мадењ, тав-

баи гунањкорро бипазиру аз паи озори касе мабош! -панд медињад Саъдии бузургвор. Хайру некї ба њам расонанда-гони бахту саодати инсонианд. Инсон бояд њамеша аз паи нек-мардон шитобад. Дили дар-дмондагонро аз банд баровар-дан, ба заифон ёрї расонидан, њиматбаландиву саховат- ин аст њадди љавонмардиву камо-ли инсонї. Хайру некї, сахова-ту људ,караму љавонмардї, ин аст мањаки асосии «Бўстон»-и Саъдии бузург. Умуман, «Бўстон» асарест, ки бояд чун китоби дарсї,алоњида њамчун фанни дунёшиносї, илми ола-ми инсоншиносї таълим дода шавад. Њар боби ин китоб мисли оби чашмаест, ки инсо-ни ташнаи маърифат аз он шо-доб мегардад, мисли насими атрогинест, ки ба олами маънї рангў бў мебахшад.Донишманди тољик Аб-

думаннони Насриддин дар муќаддимаи «Достонњои ди-лангез аз «Бўстон»-и Шайх Саъдї» аз мартаба ва ањмияти ин асари воломаќом чунин менигоранд: «… арзиши асо-сии «Бўстон» дар муњтавои он зоњир мешавад. Ањмияти ин китоби дилпазир дар нуктањои таълимию ахлоќї ва тарбиявии он аст. Метавон онро донишномаи ахлоќи ис-ломию инсонї мањсуб кард… «Бўстон» фарогири њикмати амалию назарї дар перояњои адабї мебошад, ки бо љилвањои каломию ирфонї баён шудааст»

Гулбону ШАРИФОВА, устоди калони ДОТ дар

шањри Панљакент

- Муаллими муњтарам, чун авва-ла бо рангу рўйи тоза ва рўњи болида мебинаматон. Чї арзу ниёзе шуморо ба даргоњи редаксия овард?

- Чї ниёзе дошта метавонист муал-лиме, ки пайваста аз ободии Ватани азиз дилаш лабрези шодиву сурур бо-шад? Шукри вањдату Истиќлолияти кишвар. Дар давоми 10 моњи кори таълиму тадрис, албатта, омўзгор ан-даке хастагї эњсос мекунад. Ман тас-мим гирифтам, ки дар рўзњои таътил, пеш аз њама, ба сайру саёњати баъзе шањру ноњияњои кишвар баромада, аз њоли ёру дўстон, хешу аќрабо хабар гирам. Бо ин ният чанд шањру ноњияи вилояти Хатлон, инчунин, навоњии тобеи пойтахт ва шањри Душанберо давр задам, ба дидори шарикдарсоне, ки зиёда аз сї сол инљониб вонахўрда будем, расидам. Дар ин миён чанд рўз дар истироњатгоњи Шоњамбарї аз пайи табобат њам шудам, то бо тану љони бедард фаъолиятамро дар соли нави хониш давом дињам. Њамин тариќ, хостам ба идораи њафтанома, ки тарѓибгари таљрибаи пешќадам њасту роњнамо ва маслињадгари омўзгор низ, як сари ќадам дароям, чанд навиштаамро пешнињод ку-нам… Нињоят, сафарам пир шуд. Имрўз озими Тољикобод њастам.

- Сафар хуб анљом ёфт, охир?- Таассуротро бо чанд љумла ифо-

да кардан мушкил. Тасаввур кунед, ки то ин њама ободкорињо як мусо-фир роњи Тољикобод - Душанберо савори автомобил дар 11-12 соат тай менамуд. Њоло дар давоми 3,5 соат бе њељ мушкилї ба ин масофа паси сар мешавад. Њар љо, ки рафтам, ба сохтмони мактабњои нав таваљљуњ мекардам. Мењмони дўстони давраи донишљўиам – Иброњимов Неъма-туллои ёвонї, Шоњсафар Самадови душанбегї шудам, аз дўстон дар бо-раи шарикдарси дигарамон Латофат Шакармамадоваи хоруѓї маълумот гирифтам, ки устоди Донишгоњи давлатии Хоруѓ будааст. Бо Лато-фат телефонї њамсўњбат шудам. Аз навигарињо пурсидам. Ў низ аз самараи Истиќлоли Тољикистони азиз дам мезад, ки хурсанд шудам. Дар ягон шањру ноњия сарсон нашу-дам. Агар зарурат пеш ояду аз касе роњи мењмонхонаро мепурсидам,

зуд ба манзили хеш даъват мекард. Масалан, дар Данѓара љавонмарде, њатто, ранљишомез гуфт, ки «Ака, њоло ба андозае паст нафаромадаем, ки хона дошта бошему мењмонро ба мењмонхона барем. Мо њоло на-мурдаем…» Насиб бошад, ин њама дидаву шунидањоро дар нишасту маъракањо бо њамдењиён наќл хоњам кард.

- Дар Тољикобод рўњияи мардум чї гуна аст? Замоне буд, ки аз љониби тоифае муаллим нописандї медид…

- Дуруст гуфтед, ки замоне чу-нин вазъ доштем. Он рўзгорон чаламуллоњо, њатто, нони муал-лимро њаром эълон карда буданд. Тасаввур кунед, ки дар чунин муњит њоли ман барин омўзгори фанњои забон ва адабиёти рус чун буд. Шукронаи сиёсати пешгириф-таи Сарвари давлат, шукронаи Истиќлолияти кишвар ва вањдату њамдигарфањмии мардум, ки олиму омї, муллову муаллим барои обо-дии диёр мекўшанд. Масалан, мар-дони дењоти Навобод ва Шарќиён одатан баъди намоз ба чойхонае, ки дар шафати масљид бино ёфта-аст, даромада, сари як пиёла чой суњбат мекунанд. Мо, муаллимон, низ дар чунин мавридњо гули сари сабади ањли суњбатем. Мо чанд на-фар имкон намедињем, ки чун 10-15 сол ќабл афроди ношукре зидди ин њама пешравињо гап занад. Мардум имрўз бо мо маслињату машварат мекунанд. Бубинед, дар чанд муд-дати охир дар ноњияи мо биноњои

бонк, муассисањои таълимї ва ахиран, бо гунљоиши 5000 нафар тамошобин варзишгоњи замонавие сохта шуд. Гап-гап њаст, ки дар ма-росими ифтитоњи он Љаноби олї иштирок хоњад кард.

-Зинда бошед, муаллим. Аз макта-бу шогирдонатон ќисса мекардед.

- Муллимро боѓбони ќалбу зењни шогирдон мегўянд. Мањсули ин боѓ дониши андўхтаи хонандагон аст. Шукр, ки мардум ба моњияти илму дониш сарфањм мераванд. Агар чанд сол пеш афроде ёфт мешуданд,

ки рўйирост тањќирам мекарданд ва мегуфтанд, ки ту бачагони моро ба роњи кофирї меандозї, имрўз онњо, њатто, хоњиш мекунанд, ки баъди дарс ба фарзандонашон аз забони русї сабаќи иловагї дињам. Ман њељ киро таъна намезанам. Хурсанд ме-шавам, ки мардуми мо андак-андак бедор шуда, рўй љониби илму маъ-рифат, рў љониби забономўзї овар-да истодаанд. Ман ба шогирдон бо усули хоси хеш забон меомўзам. Рости гап, бо ин роњ бештар нутќи шифоњии онњоро бо забони русї ра-вон мекунам. Имсол мактаби раќами 9-и

ноњияро 25 нафар хатм карданд, ки аз онњо 17 нафар асосан ба мактабњои олї ва чанд нафар ба коллељњо дохил шуданд. Се нафар духтар - Назармоњ Аббосова, ки гирандаи стипендияи Президентї буд, ба Донишгоњи тиббї, Фотимаи Асадулло ба Донишгоњи омўзгорї ва Назармоњи Рањмат ба коллељи тиббї шомил гардиданд. Соли 2012 дар дењаи мо мактаби

замонавие ќомат афрохт, ки он до-рои 6 синфхона, чанд кабинети ко-рию лаборатория ва љои истироњатї барои муаллимон аст. Кабинетњо бо таљњизот таъминанд. Аммо як норасої дастрас набудани плакату таљњизот барои кабинети фанни за-бони русист, ки соле пеш дар ин бора аз тариќи њафтаномаи «Омўзгор» садо баланд карда будем. Мактаб бо кадрњои педагогї таъ-

мин аст. М. Рањмонов (муаллими математика), Э. Љобиров (омўзгори забон ва адабиёти тољик), Ф. Устоев (муаллими таърих) ва А. Шарифов (муаллими математика) аз љумлаи бењтарин устодони соњибтаљрибаи мактаб њастанд, ки кори таълиму тарбия бо зањмати онњо пеш раф-та истодааст. Ман бовар дорам, аз њисоби шогирдоне, ки дар макотиби олии омўзгории мухталифи кишвар тањсил мекунанд, сафи омўзгорони соњибмаълумот дар мактабњо зиёд мешавад.

- Дар соли хониши нав музаффариятњо ёратон бод, муал-лим!

- Шумо низ муваффаќ бошед.

ЗИЁИИ РУСТО

ИМРЎЗ МУАЛЛИМ МАСЛИЊАТГАРИ МАРДУМ АСТ

тсри

б

шдШдч

НАКЎ БОШ, ТО БАД НАГЎЯД КАСАТ!

Дар яке аз нишастњои фароѓатии озму-ни довталабони фанњои даќиќ, ки вохўрии ањли адаб бо бачањо баргузор шуда буд, ва-зири маорифи љумњурї Нуриддин Саидов њозиринро бо хонандаи синфи 1-и мактаби раќами 138-и шањри Вањдат Салмон Саи-дов шиносонид. Диќќати њозиринро ис-теъдоди аљиби Салмон љињати дарки хуби маънї ва њифзи ашъори шоирон ба худ мекашид. Ў бо забони модарї ва забонњои русиву англисї шеърњо хонд. Ба гуфти па-дараш Мињтољ Саидов (нафаќахўр) Салмон бо забонњои урдуву њиндї низ шеъри зиёд медонад. Нуриддин Саидов, ки ѓамхори њамешагии хонандагони боистеъдод аст, ваъда дод, ки барои шомил шудани ў ба литсейи Президентии шањри Душанбе ал-батта, мусоидат менамояд.

-Ман ифтихормандам, ки фарзанди ман бо дахолати бевоситаи вазири маориф хо-нандаи литсейи Президентии шањри Душан-бе шуда тавонист, - мегўяд падари Салмон. Фаъолияти Салмон таваљљуњи журнали-

стони шабакањои телевизиониро њам љалб намуд. Директори телевизиони «Пойтахт» Абдуќодири Абдуќањњор Салмонро ба њайси

хурдтарин мењмон дар барно-маи «Ташриф» пазируфт ва бо ў суњбати љолибе кард. Аввалин суоле, ки аз ў пурсид, доир ба шахсияти Салмонњои таърихї буд.

-Дар таъриху адабиёти мо чандин Салмонњо гузаштаанд, –гуфт Салмон. –Салмони Форс, Салмони Соваљї…Баранда танњо номи шоирро

ба забон меовард, Салмон ба ќироати шеъри ў оѓоз мекард. Гўё љуволи хотироти ў таг на-дошт, аз эљодиёти 105 шоир шеър аз ёд ме-донистааст. Суолњо аз як мавзўъ ба мавзўи дигар мегузаштанд, хоњ дар њисоб, хоњ дар китоб њозирљавобии ў њар шунавандаро ба худ моил мекард. Ростї, маро доноии ин кўдак љалб кард,

маълум шуд, ки дар хона ѓайр аз ў баро-дарони дигараш Эмомиддин, Саъдиддин, Сирољиддин, Суњайл ва писарамакаш низ чунин истеъдод доштаанд. Баъди он ки Сал-

монро ба литсейи Президентї гирифтанд, фарзандони ди-гарро бо дахолати мудири шуъбаи маориф С.Камолов, раиси ноњия Анвари Вайсид-дин ва муовини ў Ф.Табарова ба гимназияи Балъамї ва лит-сейи ба номи Темур Собиров љалб карданд. Падар аз бахти худ меболад, охир, дар ша-роити имрўза бепул хонон-дани фарзандони дар литсею гимназияњо кори осон нест. Бале, арзанда аст болидану

шукр кардан аз чунин таќдир. Имсол дар ои-лаи Саидовњо зиндагї бо ранги дигар идома меёбад. Бояд таъкид кард: барои хушрангу бў шудани рўзгори чунин оилањо таваљљуњи пайвастаи ањли љомеа, мактаб ва маќомоти мањал ногузир аст, ногузир.Зеро Салмонњо ояндаи шукуфони

љомеаанд, љомеае, ки мо интизораш њастем.Саидаи ФАЗЛ,

«Омўзгор»

ИСТЕЪДОД САЛМОНЊОРО ТАРБИЯ КУНЕМ

№ 35 30 августи соли 201314 ОМЎЗГОР АФКОРБА ИФТИХОРИ РЎЗИ ДОНИШ

ФАЪОЛИЯТ ИЉРОИ НАЌША ИТТИЛОЪ

Тадриљан, рањої аз бўњрони иќтисодї, устуворгардии њаёти иљтимої-сиёсї ва њамкории васеи љумњурї бо кишварњои хориљї са-баби густариши дигаргунсозињо дар њаёти иљтимої, аз љумла дар соњаи улуми педагогї низ гарди-данд. Њамаи ин барои рушди мао-риф, бењтар намудани фаъолияти таълиму тарбия шароити мусои-дро фароњам овард.Дар фаъолияти Академияи

тањсилоти Тољикистон солњои охир барои тањќиќи масъалањои бунёдии педагогика тадору-ки бештар мулоњиза мешавад. Тањќиќотњои муњими бунёдии устод Мањмадулло Лутфуллоев «Эњёи педагогикаи Аљам», «Ша-рафномаи миллат», «Тољикистон-Ватанам, ифтихорам», «Панд-номаи Аљам», «Тољикистони соњибистиќлол ва масъалањои тарбия», «Инсон ва тарбия»;»; академик Каримова И. «Педаго-гика»- барои мактабњои олї ва шунавандагони такмили ихти-сос, “Педагогикаи ибтикорї”(дар њаммуаллифї); «Тарзи њаёти солим» (китоби дарсї барои синфњои 7–9) ва дањњо барнома-ву конфронсњои байналмилалї; академик Файзулло Шарифзода “Педагогика: назарияи инсонофар ва љомеаи фарњангї”, «Маърифат-асоси рушди љомеа”,“Афкори пе-дагогии ниёгон», “Пелагогикаи њамгиро”, «Педагогикаи ќарни XXI» ба форсї дар Ирон; акаде-мик Ќодир Ќодиров «Аќидањои педагогии Фирдавсї», «Таърихи тарбия, мактаб ва афкори педа-гогии тољикон аз ањди ќадим то зуњури ислом, «Самтњои дидак-тикии истифодаи технологияњои иттилоотии таълим дар мактаби олї»,«Таълимоти маорифпарварї дар таърихи афкори иљтимоии халќи тољик», «Афкори педа-

гогии њамасрони Рўдакї», «Во-жаномаи истилоњоти педагогї-психологї» «Дирўз ва имрўзи маорифи Љумњурии Тољикистон»; академик Убайд Зубайдов дар тањќиќи масъалањои бунёдии хи-мия фаъолиятњои чашмрасеро ба анљом расонидаанд, ки мо аз сабаби мањдудияти маќола на-метавонем фењристи љомеи онро ба намоиш гузорем. Танњо барои намуна чанде аз онњоро ном ме-барем: “Таълими тафриќа: про-блема, мулоњиза, воќеият”, “Таъ-лими тафриќа–нерўи пешбари раванди таълим”, “Равияњо дар таълим–талаби замон”, “Асосњои методикаи таълими биология” “Асосњои методикаи таълими хи-мия”, “Биохимия”, “Инсоният ва экология”. Узви вобастаи АТТ, профессор

Мансур Нўъмонов дар китобњои “ Гуфтор дар ситоиши математика ва омўзиши он”, “Пайдарњамии таъ-лими математика дар мактабњои тањсилоти умумї”, “Мухтасари методикаи таълими математика”, “Асосњои назариявию методо-логии методикаи таълими ма-тематика њамчун илм” масоили сирфан бунёдии илмиро баррасї намудаанд, ки бештари ин афкору андешањо дар илми тољик хориќаи љадид мебошад.Лозим ба ёдоварист, ки солњои

бо таъсиси маљаллаи касбии “Паёми Академияи тањсилоти Тољикистон” чопи маќолоти академикї роњандозї гардид. Бо таври хулоса метавон ишора

кард, ки муњимтар аз њама зами-наи бунёдии пажўњишњо гузошта шудаанд ва роњкорњои он минбаъд дар њамин росто густариш хоњад ёфт.Роњкорњои пажўњиши

педагогї инъикоси объективо-на, њамаљониба, маќсадноки имкониятњои воќеї ва нерўи мављудаи љомеаи муосир, манфиатњои таълиму тарбия ва ниёзњои кулли табаќоти ањолї, равобити мантиќии байнињамдигарии назария ва амалия, таъсир ва вобаста-гии байнињамдигарии равияњо, намудњо ва шаклњои фаъолия-ти омўзишу парвариш бо кулли соњањои иљтимої -иќтисодии за-мони муосир мебошад.Татбиќи воќеии соњибих-тиёрии

миллии омўзишу парвариш, эњё ва рушди фаъолияти кулли равияњо, шаклњо ва намудњои соњаи улуми педагогї танњо дар сурати бевосита мурољиат намудан ба сарчашмањои миллї ва умумибашарї, ба бу-нёд ва анъанањои фарњангї, ки аз озмоишњои таърих, тањаввули тамаддунњо, фарњанг ва анъанањои дигари мардум, эътиќоди мазњабї

ва сохторњои давлатї, воќеа ва њаводиси таќдирсози таърихї гузаштаанд, инчунин дар сура-ти комил, амиќ ва њамаљонибаи илмї-амалї дарк намудан ва аз худ кардани мероси фарњангии мардум, тарѓибу наќшу ањамияти омўзишу парвариш ва этнопеда-гогика, тафаккури имрўзаи илмї ва тасвирї имконпазир мегар-дад. Омўзиши вазъият ва эњёи суннатњо, одатњои омўзишу парва-риш низ зарур мебошад, зеро мањз тавассути он арзишњои миллиро аз насл ба насл интиќол додан мум-кин аст. Бо таваљљўњ ба ин дар назар

аст, ки роњкории тањќиќи улуми педагогї дар доираи пажўњишњои педагогї дар чунин самтњо сурат гирад:

1.«Таърихи омўзиш, назария, амалия ва афкори педагогии мар-думи тољик». Самтњои асосии руш-ди омўзиш ва афкори педагогии мардум мавриди бањрабардорї ќарор гирад. Бахшњои муњими ин мавзўъ гуфтугўи педагогии тамаддунњо, самтњои асосии ра-ванди таърихию педагогї, самтњои асосии рушди педагогикаи шарќ: педагогикаи бостонии тољикон, педагогикаи асрњои миёнаи ислом, даврањои асосии таърихии педа-гогикаи тољикон, рушди самтњои асосии афкори педагогии тољикон, мушкилињои педагогии омўзиш дар даврањои тоинќилобї ва за-мони Шўравї, таърихи педагоги-ка дар ибтидои ќарни ХХI.

2. «Педагогика ва омўзишу парвариш дар кишварњои Шарќи хориљї». Дар тањќиќ усулњои гу-манизми шарќї, тарбияи љавонон, усулњо ва рањёфти навин дар тањќиќи мушкилињои мавзўъ ва инчунин самтњои љањонишавии омўзиш ва эњёи суннатњои миллї дар таълиму тарбия мавриди тањќиќ ќарор гирад. Проблемањои омўзиш ва парвариш аз дидгоњи арзишњои исломї ва парадигмаи омўзишу парвариш мењвари ас-лии пажўњишњо бошад. Инчунин дастгоњи мафњумии фанни педаго-гика, вожагузинї ва истилоњотсозї дар улуми тарбиятї мавриди бањрабардорї ќарор гирад. Бо таваљљўњ ба ин зарур аст:• тањияи тавсияњо оид ба исти-

фодаи натиљањои тадќиќоти илмї дар соњањои гуногун ва навини пе-дагогика;

• омўхтан ва љамъбаст намуда-ни комёбињои илми љањонї оид ба соњаи педагогика, њидоят кардан ба истифодаи пурмањсули онњо дар муассисањои омўзишу парвариш;

• тайёр кардани барномањо ва лоињањои болобурдани сатњи омўзишї ва тарбияи маънавии ањолии Љумњурии Тољикистон;

• тањия ва муайян намудани пешомадњо оид ба рушди соњањои гуногун ва самту равияњои педа-гогика;

• ташкили симпозиумњо, семинарњо, конференсияњо, бањсњо ва дигар чорабинињо оид ба проблемањои навини педагогика ва улуми вобаста;

• тарбияти кадрњои илмии соњаи педагогикаи тањлилї ва так-мили ихтисоси соњањои гуногун ва навини педагогика;

• ба нашр омода сохтани натиљањои тадќиќотњои сотсиологї аз рўи мавзўъњо, проблемањо ва соњањои навину гуногуни педаго-гика;

• роњандозии тањќиќи масоили педагогикаи муќосавї ва тадбиќї;

• тарѓиби донишњои илмї дар соњаи педагогика, омода наму-дани гузоришњои тањлилю илмї оид ба фаъолияти муассисањои омўзишї парваришї;

• дар асоси тартиботи муќарраршуда таъмин намуда-ни татбиќи фаъолияти муштарак бо дигар муассисањои илмї ва фарњангии кишварњои хориљї;

• баргузории тадќиќоти сотсиологї ва маркетингї оид ба проблемањои педагогика, инчунин њолат ва пешомадњои воситањои маърифатии омма;

• нашри маљмўањои даврии илмї – тадќиќотї ва воситањои таълим, ки ба ниёзњои давлат ва иљтимоии дигаргунсозии љомеа љавобгў бошанд;Бо вуљуди ин, дар инкишофи

илми педагогика проблемањои зиёди њалнашуда, ки бо таъминоти илмї вобастаанд, њанўз зиёданд. Масалан, этнопедагогикаи тољик њамчун илм дар оѓози ташаккулё-бист. Барои баланд бардоштани сатњи фаъолияти муассисањои ил-мию тањќиќотї дар соњаи педаго-гика, анъана ва одатњои бисёрас-раи миллї ва дигар миллатњо пањн намудани натиљањои корњои ил-мии татбиќшаванда ва тадќиќотњо имрўз дар навбати аввал зарур аст, ки:

• нерўи кадрњои илмї-тадќиќотї аз њисоби ба кор љалб намудани олимон ва мутахассисони хориљї, тайёр намудани кадрњои мањаллии мутахассиси соњањои гуногуни пе-дагогика дар кишвар ва хориљи он мустањкам карда шавад;

• барои инвесторони ватанию хориљї, созмонњои ѓайридавлатї, сармоягузорон дар фаъолияти онњо оид ба маблаѓгузорї ба руш-ди тадќиќоти илмї шароити мусо-ид фароњам оварда шавад;

• барои нигоњ доштани робитањои доимї ва њамкории пурмањсули байни муассисањои илмї ва тадќиќотии соњаи маори-

фи кишвар бо кишварњои хориљї шароити мусоид фароњам оварда, асноди зарурї такмил гардад;

• ба анљоми тадќиќотњои сотсиологї дар бораи ниёзњои омўзишии кўдакон, наврасон, љавонон, сокинони дењот ва ди-гар гурўњњои иљтимої - демогра-фии мардуми тољик аз њисоби маблаѓгузории давлатї, љалб на-мудани инвесторон, маблаѓњои ташкилотњо ва фондњои байналмилалї њамаљониба мусои-дат карда шавад;

• ба нашр ва пањн намудани асарњои илмию тадќиќотї дар соњаи педагогика ва фаъолияти маърифатї мусоидат карда шавад;

• дар кишвар системаи воњиди гирдоварии маводи зарурї оид ба фаъолияти омўзишу парвариш њарчи зудтар љорї карда шавад;

• фаъолияти китобхонањои муассисањои илмию пажўњишї такмил дода, модернизатсия карда шаванд;

• тарбияи кадрњои илмии пе-дагогии тахассуси олии гуногуни нав, коромўзї, бозомўзї ва такми-ли ихтисоси муњаќќиќони риштаи педагогика таъмин карда шавад:

• дар алоќамандї бо раванди тањсил ба роњ мондани тањќиќоти илмии дорои асоси бунёдї – назарї ва бунёдї амалї ба њалли проблемањои педагогика равона карда шаванд;

• ташкили кори маърифатї- педагогї дар байни ањолї бо маќсади боло бурдани сатњи до-ниш ва маърифати падару мода-рон такмил дода шавад.;

• равобити байналмилалї дар соњаи педагогика такмил дода шуда, роњњои навини њамкорињо љустуљў карда шавад.

• мувофиќати байни вазифа, омўзиш ва номгўи ихтисосњое, ки маълумоти миёнаи касбї ва ё олии касбиро талаб мекунад, муќаррар карда шавад;

• ба мутахассисони соњаи педа-гогика барои дарёфти иљозатнома ба навъњои људогонаи маълумот ва тањсилот дар соњаи маориф иќдом ба амал ояд.Бо таваљљуњ ба ин таомуле

дар роњкорњои навини илми педагогика, ки њамакнун танњо яке аз шохањои мудирияти онро баррасї намудем, бо ташаббусу дастгирї ва маслињатњои муфид роњи илмии педагогикаро рав-шан месозад ва шояд боз битаво-нем аз чунин фаровардањо мисли имрўз бо ифтихор дар бузург-дошти Рўзи дони сухан кунем ва боз фардоњоро ба армуѓон био-варем.

Сафар СУЛАЙМОНЇ,профессор

ДУРНАМОИ ТАЊЌИЌИ УЛУМИ ПЕДАГОГЇ

Тадриљан, рањої аз бўњрони

гжпматмбсмбнбблртм“мв

МГ

Дуруст мегўянд, ки дар обо-дониву пешрафти њар коргоњу муассиса, ба вижа, дар шарои-ти имрўз наќши роњбар муњим аст. Роњбари муосир бояд дар баробари соњибмаълумот ва донандаи мумтози пешааш бу-дан аз сифатњои ѓайратмандї, ташаббускорї ва соњибкорї бар-хурдор бошад, таваљљуњи мардум ва идорањои дахлдорро љалб кар-да тавонад. Директори мактаби тањсилоти миёнаи умумии №54-и дењаи Фароби шањри Панљакент Ќамариддин Давронќулов аз њамин сифатњо бархурдор аст. Бо ташаббус ва даъвати ў соли равон барои таъмири мактаб во-лидон ба таври ихтиёрї 14000

сомонї маблаѓ гирдоварї наму-данд. Ба ин маблаѓ омўзгорони мактаб аз њисоби захирањои хеш 3000 сомонї илова карданд. Дар натиља дар заминаи 17000 сомонї имкон фароњам омад, ки мактаб дар сатњи зарурї таъмин карда шавад. Њоло мактаб ба соли нави тањсил пурра омода аст.

- Ёр ањл бошад, кор сањл бо-шад, - мегўяд директори мактаб Ќ.Давронќулов. – Мо дурустии ин маќоли дерини халќиро бори дигар собит намудем. Акнун кўшиш дорем, ки њар чї зудтар омодагиро ба мавсими зимистони дар пешистода анљом бидињем.

Я.МАВЛОНОВ, А.МУРОДЇ

МАКТАБ ОМОДА АСТМуассисањои таълимии ноњияи Мирса-

ид Алии Њамадонї ба зимистонгузаронии солњои 2013-2014 тадбирњои зарурї анде-шидаанд. Тавре А.Исоев, мудири шуъбаи маорифи ноњия иброз намуд, бо дастгирии маќомоти иљроияи њокимияти ноњия то ин дам ба љои 315 тонна ангишти дар наќша пешбинишуда , дар мактабњои ноњия 512 тонна ангишт захира гардидааст. Ба андозаи 140м. кв шишабандии мактабњо гузаронида шуда, ба миќдори 450 метри мукааб њезум захира гардидааст, ки 100%-и наќшаи соло-наро ташкил медињад. Њамчунин, 653 бухо-рии аловї, 2612 дудкаш, 45 адад генератори барќї ба давраи зиимистон омодаанд.

Шариф АБДУЛЊАМИД, «Омўзгор»

Яке аз омилњои бењтарини рушди фаъолияти касбии омўзгорон ва умуман, соњаи маориф дастрасї ба дастуру тавсияњои методист. Дар мактабшиносии имрўза наќши устод Њабиб Искандаров аз ин љињат барљаста ба назар мерасад. Теъдоди чунин китобчањои устод танњо дар дав-раи Истиќлолият аз 20 гузаштааст. Инак, дар арафаи соли нави хониш китобчањои нави

устод бо номи «Ќоидањои намунавии тартиботи дохи-лии мењнат дар мактаби тањсилоти миёнаи умумї» ва «Фаъолияти идории маъмурони мактаб: банаќшагирї, ќарордод, мушоњида, тањлил, ташхис, роњбарї, на-зорат» рўи даст омаданд. Мавриди зикр аст, ки аз ин тавсияњо ањли мактаб дар шароити имрўза маводи хуби омўзишї дарёфт карда, ба ин восита дар ташакку-ли мактабдорї ва риояи интизоми мењнат таъсир расо-нида метавонанд. Хуб мешуд, барои истифодаи доираи васеи алоќамандон минбаъд теъдоди чунин китобчањо ба инобат гирифта шавад.

«Омўзгор»

ТАЙЁРЇ БАЗИМИСТОНГУЗАРОНЇ

ТАВСИЯЊОИ ОМЎЗАНДА

№ 35 30 августи соли 2013 15ОМЎЗГОР ГУЛШАНИ РОЗ

Шарњи се байти њофизХирќаи зўњди маро оби харобот бибурд,Хонаи аќли маро оташи майхона

бисўхт.Байти мазкур аз ѓазалест, ки матлааш

чунин аст:Сина аз оташи дил дар ѓами љонона

бисўхт,Оташе буд дар ин хона, ки кошона

бисўхт.Ѓазал дорои радифи «бисўхт» буда,

аз ќофияњои зерин мураттаб гардидааст: љонона, кошона, парвона, бегона, майхо-на, шукрона, афсона.Радифи «бисўхт» дар ѓазал бањри ифо-

даи аламу њиљрони ќањрамони лирикї, ки сар то по дилдодаи љононаи зебою ќашангест, бамавриду санъаткорона истифода шудааст. Бисўхт – њайф шуд, барњадар рафт, ройгон гузашт.Њаминро њам ќайд кардан лозим аст,

ки ѓазали мазкур аз байтњое мураттаб гардидаанд, ки њар кадом маънии якди-гарро таќвият бахшида, мазмуни балан-ди ишќї - ирфониро фаро мегирад.Байти мазкур ба дараљаи олии

муњаббат ба ишќи Илоњї ва љонона ишорат дорад. Пеш аз шарњи байт маъ-нии калима ва иборањои онро дар асоси луѓатномањо аз назар мегузаронем.Хирќа – дар «Фарњанги забони тољикї»

чунин омада: либоси дарвешон, љомаи ќуроќ, либоси кўњна. Дар «Гиёсуллуѓот» бошад, љомаи порина ва кўњнапораи дўхташуда омадааст.Хирќа ба он далолат мекунад, ки

соњиби он дар роњи ба маќсад раси-дан аз бањри хеш ва тамоми хушињо ва

ширинињои њаёт гузаштааст.Зўњд – парњезгорї, порсої, бемайлию

бењавасї ба дунё, тарки дунё кардан ома-дааст дар “Фарњанги забони тољикї”. Харобот – љамъи хароба, майкада,

майхона - дар “Фарњанги забони тољикї”. Дар “Ѓиёсуллуѓот” харобот – майхона, ќиморхона тафсир гардидааст.Пас чаро шоир гуфтааст, ки хирќаи

зўњдашро оби харобот бурдааст? Бата-мом бурдааст, умеди бозгашт нест. Оби харобот – дунёпарастї, муњаббат

ба њаёт, маъшуќа аст, ки ўро аз охирин нишонаи порсої мањрум сохтааст.

«Хонаи дил» ба майхонаву оташи он чї иртибот дорад? Майхона љойест, ки аќли одамро мерабояд. Ба ибораи дигар шояд ба маънии дунё, њаёт омадааст, ки одами аз лаззати зиндагии хубу гуворо масту мадњуш мешавад, аз худ бехабар мемо-над. Оташи майхона – ибораи маъмули шоирони ринду озодандеш аст.Оташнафасон ќимати майхона

шиносанд,Афсурдадилонро ба харобот чї кор

аст?(Носири Бухорої)

«Хонаи аќлро оташи майхона бисўхтан», -гуфтани Хоља Њофиз ба маъ-нии он аст, ки муњаббат ба зиндагї ва сарвату давлат аќли солимро ќурбони худ мегардонад.Яъне: хонаи аќли шоир ќурбони ота-

ши майхона – маљозан ишќи сўзноки љононаи номењрубон гардидааст.Ба ибораи дигар: ягона нишонаи охи-

ратписандии шоирро оби харобот – орзуи расидан ба њаќ ва дидори љонона ба худ бурдаасту хонаи аќлаш бошад ќурбони оташи майхона ва машаќќату азоби ишќи сўзони офаридгор гардидааст. Ин байтро бо далолати зењнї чунин

шарњ додан њам мумкин аст:Мењру муњаббат ба дунё ва нозани-

нони вай, нокомињои рўзгори пурорзуи серташвиш маро аз роњи расидан ба њаќ бозмедорад. Дилбастагињои беамсоли инсоният ба њаёт, шавќу шўри зиндагї – оташи майхона хонаи аќли солими њар як шахсро оташ зада, монеањое дар роњи парњезгориву порсоияш эљод мекунад.

Мукаррам МЕЛИЕВ муаллими забон ва адабиёти тољики

мактаби № 36-и ш. Исфара

БА ОЗМУНИ «ТАФСИРИ ЯК БАЙТ» БА ИФТИХОРИ 90-СОЛАГИИ ШОИРИ ХАЛЌИИ ТОЉИКИСТОН АМИНЉОН ШУКЎЊЇ

САБАЌ

ЛАВЊА

Дар лирикаи ишќии ў андешањои ахлоќї зуњур карда ќањрамонаш муњаббатро аз њама нопокињо эмин медорад, онро асоси шарафу номус мењисобад. Шоир ба он аќида аст, ки бидуни муњаббат зиндагии хушу гувороро чашмдор шудан мумкин нест, зеро муњаббат калиди зиндагист.Њаёт зебост. Инсон онро бо мењнати

њалол, дасту дили гарм, бо муњаббат зеботар мегардонад. Њамаи ин дар болои тањкурсии виљдону садоќатмандї ќомат рост кардааст ва такядори он ахлоќи њамидаи инсонист. Имрўз њодисаи људошавии оилањо зуд-зуд

рух медињад ва ин љо њамчун як далели хуби тарбия мундариљаи ѓоявию бадеии шеъ-ри «Ба ту ман дил намебандам»-ро аз назар мегузаронем.Шеъри мазкур мавзўи бисёр муњими

њаётиро дар бар мегирад ва ѓояи он садоќату вафодорист. «Ман»-и шоир фарди комил мебошад. Маъшуќа чун дурри якто». «нури чашм», «мањбуб», «дилбанд», «ширин». «бар-но». «чароѓи маљлисоро» тавсиф шудааст. Вале марди оиладор (ќањрамони лирикї) фирефтаи ин њусни расо намегардад. Дар сурати ба ў дил бастан ќодир аст, аз сина дилашро канад:Ба ту ман лек асло дил намебандам,

намебандам,Агар бандам. диламро аз даруни сина

мекандам.Тазодњои знндагї дар шароити мўътадили

њаёт ба њадде мерасад, ки ќисмати навхонадо-рони мо ва гоњо калонсолони ошиќшуда талху ногуворост. Љавонон дар муддати кўтоњи њаёти якљоя муњаббати аввалинро кўр-кўрона пеши по мезананд. Побанди њусни дилљўи дигаре гардида, оилаи худро вайрон месозанд. Шоир ба чунин зотњо бо суол мурољиат кардааст:Ту мехоњї магар гардад аз ин оилае

вайрон?Агар маъшуќа (духтар ё зан) инро хоњаду

оилаеро вайрон созад, гумроњи давру замон хоњад шуд. Љавонмарди хушахлоќ чунин ор-зую таклифи духтарону занонро метавонад, бо сарбаландї рад кунад ва њамчун некрой узр пеш орад, зеро вай бо ањли байти худ хушрўз аст:Ба гирди пур зи неъматњои дастурхони

пурнурам,Њамеша бо зану фарзандњои хеш

масрурам.Насозад то маро дар оила нону намак

кўрам,Аз ин дам мекунам ишќи туро рад, дор

маъзурам.

Шахсе, ки ба зану фарзанд, ба дару хонаи худ ихлос дорад, њељ гоњ фирефтаю шайдои љамоли дигарон намешавад. Духтарону за-нонро низ бояд чунин маќсади нек њамроњ бошад. Аз ин љињат назари шоир хеле амиќу њаётист. Ў тавассути образи ба наќша гириф-тааш хонандаро огоњ менамояд. ки: Ба фарзандони худ бо шодї ар ман дил

намебастам,Чу зарпечак ба боѓи зиндагї нољоя

мерастам.Вале ман бањри фарзандони худ то

будаму њастам,

Кунам њар некию њар хизмате, ки ояд аз дастам.

Ба ин дар пеши виљдон ќарздорам, ќарздорам, ман,

Ба назди мардум охир ўњдадорам, ўњдадорам, ман.

Ман ин шеърро як дастуре барои оиладорї мешуморам ва агар љавонони хонадоршаван-да ин шеърро аз бар кунанд, бовар дорам, ки онњоро аз роњи каљ боз медорад.Агар ба њар сатри шеър дидаи ибрат дўзем,

пайдост, ки хусусияти тарбиявии он хеле пурќувват мебошад. Ќањрамони шоир амсоли баъзе булњавасон рафтор намекунад, ба кирдо-ри соњибљамолон бо таќозои аќлу фаросат ме-нигарад. Ќањрамони лирикї ба њусни зоњирии маъшуќа фирефта намешавад. њурмати оилаи хеш нигоњ медорад ва бо самимият мегўяд:Вале дар назди ту чун њайкале имрўз

хомўшам,Дари дилро барои ишќи ту дониста

мепўшам.Маро бо ин агар ту таъна созї, таъна

кардан гир,Насозам хељ парвою нахоњам гашт

домангир.Маќсади шоир нек аст. Вай таманнои

онро дорад, ки маъшуќа ба муроди дил ра-сад, љуфти муносиби худро ёбад. Вале аз паси хубрўён давида, оилаеро вайрон кар-дан, тифлони бегуноњро бепарастор мондан хилофи оиладорист ва ба мизони муњаббат намегунљад.Хушињои зиндагї ба муњаббати тарафайн

пайванд аст. Њар оила агар зиндагии хушу гу-воро хохад, инро бояд донад. Маромномаи зин-дагии оилањои ањлу тифоќ дар шеъри Аминљон Шукўњї «Ба ту ман дил намебандам», аљаб зебо инъикос ёфтааст:Намехоњам бигиряд он касе к-ў

њамдамам гардид,Ба ман дил басту дар роњи хаётам

њамќадам гардид. Рафиќи мењрубони шодию дарду ѓамам

гардид, Даме ки љояш омад, бар љароњат

марњамам гардид. Хиёнат бар чунин ёре? Чї бедардї, чї

бедардї! На танњо ин ки бедардї, зиёд аз ин ки

номардї!

Маъруфи ЊИСОМ, рўзноманигор

ГАНЉИНАИ МЕЊРУ ВАФО

Ќурбон пас аз кор ќариб њар бегоњ бо улфатњои майпарасти кўчагиаш дар майхона вохўрда, ба хо-нааш ширакайф барме-гашт. Бо њар бањона бо зављааш љанљол бардошта ўро сахт меранљонд. Њатто, «љавобата медињам» мегуфт. Њарчанд зављааш, «сирри оила ба кўча набарояд», гуфта ба касе аз ин хусус чизе нагуфта бошад њам, воќеа ба воситаи њамсояњо ба гўши бародараш Рањмон мерасид. Рањмон боре Ќурбонро дар кўча дида, аз байни одамон канор ка-шида, насињат мекунад, ки аз љўрабозию майнўшию љанљоли оилавї даст кашад. Ќурбон, ки ширакайф буд, сар нафуроварда якбора аз гиребони Рањмон гирифта заданї мешавад. Рањмон њам ба ѓазаб омада, бањри

њимояи худ сари љањл ўро се-чор мушти обдор зада лагадкорї мекунад. Ода-мон дар њайрат монда «айб мешавад», гўён ононро аз њам људо карданд. Ќурбон «ана, акнун мебинї», гуф-та роњи ќасосгириро љуста рост ба хонаи хеш рафт. Ва ѓазаболуд кордро ба даст гирифта ба зављааш гуфт:

- Ана, акнун акоятро њозир мекушам. Ў маро ба-рои ту шуда дар байни мар-дум зада шармсор кард.Зављааш њам дар њайрат

монд ва њам ба ѓазаб омада гуфт:

- Агар ниятат њамин бо-шад, аз њамин рўз эътиборан ман бо ту зиндагї намеку-нам. Шавњари дигар меги-рам. Њаминро дониста мон, ки шавњару фарзанд боз ёфт мешаванд, лекин бародар ёфт

намешавад. Мана, ин хонаю дару бачањо ба худат насиб кунад. Зан аз дар берун шуд. Ќурбон зуд пушаймон шуда, кордро аз даст партофт ва ба сўи зављааш давид. Ва аз да-сташ сахт дошта, ќасам хўрд, ки дигар май наменўшад. Ва аз Рањмон эњтиромона узр мепурсад. Ва ду даст ба сар дошта ба Худои мутаол арз кард:

- Савганд ба номи ту, эй Парвардигори олам, ки дигар шаробхорагї на-мекунам ва касеро озор надињам.Бо њамин савганд њаёти

Ќурбон аз хатар эмин монд, ў ба ибораи маъмул, ба ќатори одамон баргашт. Ва дарёи зиндагиаш ба маљрои сокиту ороми хеш баргашту ба як маром равон гашту равон…

Боймурод ШОЊЗОДА

САВГАНДИ БОДАПАРАСТ

Ќарзи Мењан маънї ва моњияти зиндагии инсон аст.В.А. СУХОМЛИНСКИЙИнсон ќарзи худ ва

Мењани худро шинохта, худро мешиносад, худро њамчун њиссаи халќ меё-бад ва нозуктарину гарон-тарин эњсос-эњсоси ќарзу масъулиятро дар назди халќ, дар назди Ватан дарк мекунад. Сухан дар њаќќи Ватан танњо ваќте ба ќувваи таъсирбахш молик мешавад, ки бо кори љамъиятии судманд таќвият ёфта бошад, ва-гарна ватанпарварї ѓайри суханпардозї ва тиљорат чизе дигар нахоњад буд.Мењнат решаест, ки

эњсоси тавонои муњаббати диёри мањбубро ѓизо ме-бахшад. Мо дар Ватанем, Ватан

дар мост! Бе ин фањмиш шахсияти њаќиќї нахоњад буд, фитрати тамом нахоњад буд. Мо дар су-рате худро меёбем, ки бо саховати фузунтар худро ба Ватан бубахшем.Ганљинаи бебањои мост

Мењан, он сарзамини падарон, бобоён, ниёго-намон аст, ки бароямон роњати љон эњдо мекунаду турбати аљдодонамонро њифз медорад. Истилога-роне фузун ба сарзами-ни мо њамла овардаанд, вале касе даст наёфтааст, ки дили халќро шиканад, муќаддасоташро зеру за-бар созад, руњашро тас-хир кунад, дар замираш ба Ватан тухми беэътиної корад. Ќарзи Ватан маънї ва моњияти зиндагии ин-сон аст.Дар тафаккури њар яки

мо эътиќоде бояд нумўъ кунад, ки азизтарин чиз дар олам шараф, озодї, истиќлолу вањдат аст. Эњсоси мењри Мењан яке

аз аниќтарину мураккаб-тарин њиссиёти инсон аст. Дар он муњаббат ба халќи худ, ба табиати диёри худ ва ба шањру дењоти худ бо кўшиши гарму љўшони бахшидани тамоми ќувва барои ормонњои бузур-ги дигаргунсозии љомеа узван ба њам омезиш меё-банду як мешаванд.

Ватан аз Модаре сар мешавад, ки моро зодаву хўрондааст, аз одамоне сар мешавад, ки порае аз рўњашонро бањри офа-риниши инсони дигар бахшидаанд. Зеботарину аълотарин эњсос мењри Мењан - муњаббати Ватан осон тавлид намеёбад. Онро инсон дар рафти фа-ъолияти худ меофарад.Мењри Мењану

муњаббати одамон ду шо-хобе њастанд, ки ба њам даромехта, дарёи неру-манди ватандўстиро па-дид меоваранд.

Зарина (Истаравшан, соли 1997)

ТОЉИКИСТОН - ИСМИ МАН

ширинињои њаёт гузаштааст.Зўњд – парњезгорї порсої бемайлию

ОТАШНАФАСОН ЌИМАТИМАЙХОНА ШИНОСАНД

№ 35 30 августи соли 201316 ОМЎЗГОР

Суњбати љонпарвар аст суњбати «Омўзгор»

Муассис: Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон

Сармуњаррир: Ноилшо НУРАЛИЕВ

Њайатитањрир:

Н.САИДОВ, Ф.РАЊИМОВ, Т.МАЊМАДОВА, Ф.ИСМОНОВ, А.РАЊМОНОВ, М.САЙФИДДИНОВ, А.МУРОДЇ (љонишини сармуњаррир)

Почтаи электронї: [email protected]Сайти њафтанома: www.omuzgor-news.tj

Суроѓа: 734024, ш.Душанбе, к.Нисор Муњаммад, 13а. Телефонњо: ќабулгоњ – 221-63-36, љонишини сармуњаррир – 227-36-29, котиби масъул ва шуъбањо – 227-25-49

Њафтанома дар Муассисаи ХЊЊФ «Мушфиќї» ба табъ расидааст. | Индекси обуна – 68850 | Адади нашр: 29 440 нусха | Тарроњ: С. Ниёзов | Њуруфчинон: О.Љабборова ва Ш. Зафарзода

«Омўзгор» дар Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон тањти раќами 21Р – 405 19.12.2000 сабти ном шуда, тањти раќами 0018/рз, аз 14.09.2007 дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон аз нав номнавис гардидааст. Нашрия ба хотири чандандешї маводе низ ба табъ мерасонад, ки идораи њафтанома метавонад бо муаллифон њамфикр набошад ва барои онњо масъулият ба уњда нагирад. Дастхатњо ва суратњо ба муаллифон баргардонида намешаванд.

ОМЎЗГОР

ХАНДАРЕЗПАНЉ ЛАТИФА

АНЉОМ

Маѓозаи ороишоти тиллої:- Ин ангуштарї чанд пул?- Дањ њазор сомонї.- Ё тавба! Нархи ин гўшвор

чї ќадар?- Ду тавба.

***- Мардак, ба куљо азми сафар

доред?- Ба дењаи њамсоя, ба бузкашї,

занак.- Маълум, метавонед нара-

вед, ман ба «бузакатон» телефон карда, мегўям, ки аз паси кораш шавад…

***Донишљў ба имтињонгоњ во-

рид шуда, ба назди муаллим як ќуттї шоколад мегузорад.

- Бањоят – се, - мегўяд муал-лим .Донишљў рўи миз боз як руч-

каи гаронбањо мегузорад.- Бањоят – чор, - мегўяд муал-

лим.Донишљў як соати дастии

хушнамудро низ болои миз ме-монад.

- Бањоят- панљ,- мегўяд муал-лим.Донишљў бо ќаноатмандї

аз дасти муаллим дафтарчаи имтињониашро гирифта, сипас, ашёи дар рўи миз гузоштаашро љамъ карда мегирад ва ба муал-лим мурољиат мекунад:- Ташак-кур, устод. Мебахшед, ин чизњо боз барои гирифтани имтињони физика ба ман лозиманд.

*** Модар:- Хайрият гиряро ќатъ кардї,

Шарифљон.Кўдак:- Не, ман дам мегирам,

очаљон.*** Муаллими фалсафа:-Мегўянд, ки дар зиндагї

чизњое њастанд, ки донистани онњо шарт нест. Бигўед, ки маса-лан, чиро донистан шарт нест.Донишљў:- Масалан, љавоби суоли шу-

моро.

ЭЪТИБОР НАДОРАДШањодатномаи њуќуќии амалии фаъолияти

соњибкории Ѓуфуров Ќиёмиддин Садриддино-вич, ки тањти раќами 033019807 ба ќайд гириф-та шудааст, эътибор надорад.

Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТА №1842, ки онро соли 1997 мактаби №8-и ноњияи Исмоили Сомонии шањри Душанбе ба Мирзоева Парвина Сайфуллоевна додааст, эътибор надорад.

Шањодатномаи гумшудаи АБ №001680, ки онро соли 1996 мактаби №42-и ноњияи Фирдав-сии шањри Душанбе ба Исмоилова Зухра Тои-ровна додааст, эътибор надорад.

Шањодатномаи гумшудаи №295330, ки онро соли 1995 мактаби №89-и ноњияи Синои шањри Душанбе ба Тагаева Гулдаста додааст, эътибор надорад.

Дипломи гумшудаи №005038, ки онро соли 2002 Литсейи касбии – саноати дўзандагии шањри Душанбе ба Њамидова Наталья

Гулямљоновна додааст, эътибор надорад.Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТУ

№0477910, ки онро соли 2011 литсейи №55-и ноњияи Шоњмансур ба Рањматов Эњсон Ќурбонович додааст, эътибор надорад.

Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТУ №0497425, ки онро соли 2012 мактаби №43-и ноњияи Синои шањри Душанбе ба Зубайдов Субњон Шукрил-лоевич додааст, эътибор надорад.

Шањодатномаи гумшудаи №0411147, ки онро соли 2009 мактаби №15-и ноњияи Шоњмансур ба Алимов Ањмадљон Ѓаниевич додааст, эътибор надорад.

Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТУ №0070670, ки онро соли 2006 мактаби №34-и ноњияи Исмоили Сомонии шањри Душанбе ба Ризоева Нигора додааст, эътибор надорад.

Шањодатномаи гумшудаи №1818, ки соли 2012 ИЖТ ба Ситорабону Назарова додааст, эътибор надорад.

ОБУНА БА ЊАФТАНОМАИ «ОМЎЗГОР» БАРОИ СОЛИ 2014 ОЃОЗ ГАРДИД

Хоњед, ки дар соли 2014 аз навгонињои соњаи маориф огоњ бошед, амру фармонњои вазири маориф ва да-стуру санадњои Вазорати маорифро сари ваќт дастрас намоед, аз таљрибаи њамкасбон огоњ гардед, таљриба, анде-ша, дархости худро пешнињод карда тавонед, ба њафтаномаи дўстдоштаи худ – «Омўзгор» обуна шавед.

РМБ 350101626РМА 010009400Ба «Омўзгор»

СУРАТЊИСОБИ МО:Нархи обуна барои як сол бо тамоми хизматрасонињо 80 сомонї аст.

ДХ БДА љТ «Амонатбонк» с/њ 20202972200817101000њ/м 20402972316264

Идораи њафтаномаи «Омўзгор» ба директори омўзишгоњи омўзгории

Рашт Ањмадов Муллољон бино-бар даргузашти

фољиавииПИСАРАШ њамдардї изњор менамояд.

Шумораи нави маљаллаи илмї, маърифатї ва таъли-мию методии Вазорати мао-риф «Маорифи Тољикистон» бо мундариљаи ѓанї ва оро-иши љолиб ба нашр расид. Моњи гузашта ќонуни нави Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф», ки асосњои њуќуќї, ташкилї, иљтимої, иќтисодї ва принсипњои асо-сии сиёсати давлатиро дар соњаи маориф муайян мена-мояд, аз љониби Президен-ти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ба тасвиб расид. Маљалла тањти рубри-каи «Чароѓи њидоят» бо матни њамин ќонун оѓоз меёбад. Дар бахши њамешагии «Ислоњоти маориф - таќозои замон» нигоштањои Аълочии мао-рифи Љумњурии Тољикистон Рањматшо Рањматов «Мустаќилї - усули фаъолия-ти самаранок» ва корманди ДЉТИБКСМ Фатњулло Ка-роматзода «Њунар бењтар аз зар» чоп шудаанд. Зери рубрикаи «Биёмўзем,

то биёмўзонем» маќолаи би-сёр пурмўњтавои доктори илмњои филологї, профессор,

сарходими илмии Институти илмї-тањќиќотии Донишгоњи миллии Тољикистон Субњон Амирзода “Оё Ањмади Дониш маорифпарвар буд?”, ки аз таърихи як иштибоњи адабиёт-шиносии илмї дар мавриди ба равияи маорифпарварї нис-бат додани эљодиёти Ањмади Дониш наќл мекунад, инти-шор ёфтааст. Ба андешаи му-аллиф, дар айни њол моро ло-зим аст, ки фаќат љадидияро чун падидаи тараќќипарвари адабиёти ибтидои асри XX аз мавќеи љараёни байналмила-лии маорифпарварї омўзем ва аз равияи нави адабиёти ни-маи дуюми асри XIX, бахусус, осори Ањмади Дониш тамѓаи «маорифпарварї»-ро битаро-шем, то он чун падидаи тозаи адабиёти классикї ва тамоюли эњёии давраи гузариш ба ањди љадид баррасї гардад. Ањмади Донишро на њамчун маориф-парвар ва як навъ намоян-даи давлати подшоњии рус, тарѓибкунандаи беќилуќоли фарњангу маънавияти рус, балки бо тамоми шањомат ва бузургии классикї ва дањоию зењнияти миллиаш аз мавќеи

имрўза худшиносии миллии тољикон ба мардум муаррифї карда бошем. Дар бахши “Кошонаи

мењр” маќолаи номзади илми филология Шодї Шокирзода “Партави мењру вафо” хонан-дагони маљалларо бо рўзгор, осор ва талошу пайкорњои нависанда, тарљумон, рўзноманигор ва омўзгори варзида Абдуѓаффори Партав ошно месозад.Мењрномаи И.Давлатшоев ва И.Абдурашитов “Њамвора чу шамъ аз пайи илм” ба бозгўи корномаи илмии док-тори илмњои педагогї, про-фессор Хуррам Рањимзода бахшида шудааст. Зинат-бахши бахши “Минбари таљриба”-ро маќолањои про-фессори ДДЌ ба номи Но-сири Хусрав Љумъа Шари-фов “Баъзе усулњои ташкили машѓулиятњои мустаќилона аз математика” ва мудири каби-нети ДЉТИБКСМ Исмоил Назаров «Таърих ойинаи фар-дои мост” мебошанд.

А.МУРОДЇ,“Омўзгор”

«МАОРИФИ ТОЉИКИСТОН», №4, 2013НАВИД

ОИД БА СЎХТОР

1. Соњаи афзалиятноки љомеа. 2. Фанни таълимї. 3. Истилоњи илми физика. 4. «*** ба ту ёд медињад илму адаб». 5. Маркази давлати Сомониён. 6. Сеюмин Президенти Академияи фанњои Тољикистон. 7. Собиќ вази-ри маорифи Тољикистон. 8. Шоири тољик, муаллифи достони «Ѓалабаи Таня». 9. Аломати номуайянї дар илми њисоб. 10. Моњи апрелро гўянд. 11. Сурх, сафед, кабуд, ***. 12. Иљрогари наќши «Эдип» аз намоишномаи «Эдип» - и Софокл. 13. Исми ноњия ва дарё дар Тољикистон. 14. Романи адабиёти муосири тољик. 15. «Сме-на» ба забони русї. 16. Омўзгор, ги-рандаи Љойизаи президентї аз шањри Ќўрѓонтеппа. 17. Асари Нависандаи халќии Тољикистон Фотењ Ниёзї. 18. Уќёнус. 19. Номи яке аз ситорањои осмон. 20. Муаллими халќии СССР. 21. Ноњия дар Љумњурии Тољикистон. 22. Муродифи вожаи гуноњ.

Њотами ЊОМИД,«Омўзгор»

МУАММОИ«ДОНИШ»

Имрўзњо тамоми муассисањои таълимии љумњурї ба соли нави хониши 2013-2014 омодагии њамаљониба дида истодаанд. Масъулони соња дар баробари ди-гар масъалањои муњим ба таъмини вазъи бехатарї аз сўхтор низ бояд диќќати махсус зоњир намоянд, зеро нодида гирифтани ин масъа-лаи муњим метавонад сабабгори оќибатњои ногувор гардад.Аз њамин лињоз, бо ташаббуси

сардори Хадамоти давлатии оташ-нишонии шањри Вањдат, лейтенан-ти калони милитсия Зафар Ёров ва бо дастгирии мудири шуъбаи мао-риф Сафаралї Камолов аз тарафи мутахассисони Хадамоти давла-тии оташнишонї ва шуъбаи мао-риф бањри таъмини пурраи вазъи бехатарї аз сўхтори муассисањои таълимї дар соли хониши нав дар мактабњои шањри Вањдат гузаро-нидани санљишњои муштарак ба наќша гирифта шудааст. Бояд ќайд кард, ки дар шањри

Вањдат 147 мактаб фаъолият до-шта, дар он зиёда аз 62000 нафар хонандагон ба тањсил фаро гириф-та шудаанд. Њафтаи равон њам ин гурўњи кории хадамоти давлатии оташнишонї ва шуъбаи маориф дар мактабњои №1, 2 ва 5-и шањри Вањдат санљиш гузаронида муайян намуданд, ки аз тарафи масъулони онњо камбудиву норасоињо вобаста ба масъалаи зидди сўхтор, ки ќаблан ошкор карда шуда буданд, барта-раф гардидаанд. Минбаъд, барои тањкими вазъи бехатарї аз сўхтор ва мукаммал намудани сатњи до-ниши кормандону аъзои дастањои идоравии оташнишонии мактаб дар њамкорї бо кормандони ХДО гузаронидани машѓулиятњои наза-риявию амалї ба наќша гирифта шудааст.

Алишер ИБРОЊИМОВ, Љамшед СОЛЕЊОВ,кормандони ХДО-и

шањри Вањдат

САНЉИШИ МУШТАРАК ДАР МАКТАБЊО