16
33 (11894) 16-уми августи соли 2013 Бењин фарди љањон омўзгор аст, Аз ў сарсабзу хуррам рўзгор аст www.omuzgor-news.tj НАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ЊАФТАНОМА АЗ 20-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 1932-ЮМ НАШР МЕШАВАД ОМЎЗГОР ÄÀÐ ÈÍ ØÓÌÎÐÀ: сањ. 8 сањ. 10 сањ. 4-7 ФАЙЗИ ИСТИЌЛОЛ ÌÎ ÍÎØÈÊÀÑÒÅÌ ГУЗОРИШ Дунё мунаввар, дилњо музаффар, Шодї занад пар мисли кабўтар, Дар мањфили бахт бо њам нишаста Сарбозу Кишвар, Фарзанду Модар. *** Дасти ба дастем, Мо бо њамастем, То бо њамастем, Мо ношикастем. *** Уммеди хандон дар чашми мардум, Ѓам то дили мо рањ мекунад гум, Мо ошиќонем бо лањни мурѓон, Мо љонфидоем бо мављи гандум. *** Дасти ба дастем, Мо бо њамастем, То бо њамастем, Мо ношикастем. *** Эй нози тољик, эй мулки озод, Дорад муњаббат љони ту обод. То нури мардї дар дидаи мост, Боде насозад хоки ту барбод. *** Дасти ба дастем, Мо бо њамастем, То бо њамастем, Мо ношикастем. ГУЛНАЗАР Ин мактаб аз 22 синфхонаи ба таври муосир муљањњаз, аз љумла, 7 синфхонаи дарсњои озмоишї, толору утоќњои гуно- гун, аз љумла, ошхона, толорњои маљлисию варзишї ва майдо- ни варзишї иборат хоњад буд. Тавре иттилоъ доданд, њамин рўзњо дар шањри Норак сох- тмони боз як њамин гуна мак- таб оѓоз меёбад. Барои њар ду мактаб, ки дар маљмўъ барои беш аз 2500 нафар хонанда дар 2 баст пешбинї шудаанд, људо намудани наздики 70 миллион сомонї маблаѓњои љумњуриявї пешбинї гардидааст. Дар маркази шањри Но- рак бо иштироки Президенти кишвар Эмомалї Рањмон як бинои панљошёнаи маркази хизматрасонї ифтитоњ ёфт, ки аз љониби соњибкори мањаллї Муродалї Ятимов бунёд ёф- тааст. Танњо дар 2 ошёнаи омодагаштаи ин бино беш аз 40 нафар бо кори доимї таъ- мин мешаванд. Ошёнаи яку- ми бино барои маркази сав- до ва хизматрасонињои дигар пешбинї шудааст. Дар ошёнаи дуюми он коргоњи дўзандагї омода гардидааст, ки дар он 23 нафар занону духтарони мањаллї бо кори доимї таъмин гардидаанд. Дар ошёнањои болоии бино, ки ба наздикї омода хоњанд шуд, мењмонхона, сартарошхона ва дигар нуќтањои хизматрасонї љойгир шуда, дар онњо ќариб 30 нафари дигар соњиби кор ме- гарданд. Дар пањлўи ин бино бо ишти- роки Сарвари давлат Эмомалї Рањмон бозори нави шањри Но- рак ифтитоњ ёфт, ки аз ду бинои дуошёна ва як бинои сеошёна иборат буда, дорои беш аз 300 љойи корї мебошад. Ин бозори зебою мураттаб аз љониби ба- родарони соњибкор Назаровњо бо харљи ќариб 5,5 миллион сомонї бунёд ёфта, дар он фурўшгоњњои мањсулоти гуно- гуни кишоварзї, либосворї, саноати сабуку хўрокворї, масолењи сохтмонї, супермар- кет, мењмонхона ва коргоњњои дўзандагию заргарї љойгир карда мешаванд. Коргоњи дўзандагии он ал- лакай омода буда, дорои 50 љойи корї аст. Дар ин љо дўхти либосњои гуногуни мардонаю за- нона, кўдакона, корї, мактабї, либосвории арўсї ва ѓайра ба роњ монда мешавад. Бунёдгузо- рон бозор бо њидояти Сарвари давлат Эмомалї Рањмон уњдадор шуданд, ки то охири сол дар њамин коргоњ боз 50 љойи кории дигар бунёд намоянд. Коргоњи заргарии бозор, ки филиали корхонаи заргарии шањри Кўлоб хоњад буд, бо 50 љойи корї то охири соли равон бояд омода шавад. То он ваќт шумораи умумии љойњои корї дар ин бозори замонавї ба 400 хоњад расид. Мењмонхонаи он бо 21 њуљра, 42 кати хоб ва шароити хуби замонавї хоњад буд. Зимни шиносої бо корхонаи хусусии Тољикгидромонтаж Президенти кишвар Эмомалї Рањмон бо фаъолияти истењсолии он аз наздик шинос шуд. Ин корхонаи дар гузашта барои сохтмони нерўгоњи Но- рак бунёдёфта, дорои таърихи пурифтихор аст. Бо вуљуди ин, корхона дар солњои 90- уми асри гузашта бо сабабњои маъ- лум ќариб аз кор боз монда, ба њолати ногувор рў ба рў омада буд. Вале аз пас хусусї шудан он умри дубора пайдо намуда, ба истењсоли мањсулоти гуно- гун машѓул шуд. Њоло танњо дар коргоњњои коркарди метал беш аз 30 на- фар кафшергарони моњир ва дигар мутахассисони баландпоя бо истењсоли конструксияњои гуногуни оњанию пулодї ба- рои нерўгоњњои барќї, дигар иншооти гидротехникї, роњу пулњо, наќбњо ва дигар иншоот машѓуланд. Ѓайр аз корхона вобаста ба шароити замони муосир ба истењсоли дигар мањсулоти бо- зоргузар низ машѓул аст. Аз љумла, дар коргоњи дўзандагии он бо љалби 20 нафар занону духтарони хонашин дўхти ли- босвории гуногун, пеш аз њама либосњои корї барои биноко- рон ва коргарони дигари худи корхонаи Тољикгидромонтаж ба роњ монда шудааст. Бо маслињати Сарвари давлат Эмомалї Рањмон роњбарияти корхона уњдадор шуд, ки дар давоми 5 моњи оянда боз як коргоњи дўзандагї бо 40 љойи корї омода намоянд. Дар шањри Норак Прези- денти мамлаат бо доири васеи шњрвандон мулоќот баргузор намуд. АМИТ «Ховар» НОРАК БЕШТАР ОБОД МЕШАВАД Ин мактаб аз 22 синфхонаи гарданд. БАРНОМАИ ТАЪЛИМИИ ФАННИ АДАБИЁТИ ТОЉИК БАРОИ СИНФИ I Х Соати умумии људошуда тибќи наќшаи таълимї 102 соат 8 ЊАМОСАИ ОБ ТАЪЛИМИ НАЗАРИЯИ АДАБИЁТ ТАЉДИДИ НАЗАР МЕХОЊАД сањ 10 ОМОДАГЇ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНЇ сањ. 11

Omuzgor #33 2013

  • Upload
    -

  • View
    286

  • Download
    25

Embed Size (px)

DESCRIPTION

 

Citation preview

Page 1: Omuzgor #33 2013

№ 33 (11894)16-уми августи

соли 2013

Бењин фарди љањон омўзгор аст,Аз ў сарсабзу хуррам рўзгор аст

www.omuzgor-news.tjНАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

ЊАФТАНОМА АЗ 20-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 1932-ЮМ НАШР МЕШАВАД

ОМЎЗГОР

ÄÀÐ ÈÍ ØÓÌÎÐÀ:

сањ. 8

сањ. 10

сањ. 4-7

ФАЙЗИ ИСТИЌЛОЛ

ÌÎ ÍÎØÈÊÀÑÒÅÌ ГУЗОРИШ

Дунё мунаввар, дилњомузаффар,

Шодї занад пар мисли кабўтар,

Дар мањфили бахт бо њам нишаста

Сарбозу Кишвар, Фарзанду Модар.

***Дасти ба дастем,Мо бо њамастем,То бо њамастем,Мо ношикастем.

***Уммеди хандон – дар чашми

мардум,Ѓам то дили мо рањ мекунад

гум,Мо ошиќонем бо лањни мурѓон,Мо љонфидоем бо мављи

гандум.

***Дасти ба дастем,Мо бо њамастем,То бо њамастем,Мо ношикастем.

***Эй нози тољик, эй мулки

озод,Дорад муњаббат љони ту

обод.То нури мардї дар дидаи

мост, Боде насозад хоки ту

барбод.***

Дасти ба дастем,Мо бо њамастем,То бо њамастем,Мо ношикастем.

ГУЛНАЗАР

Ин мактаб аз 22 синфхонаи ба таври муосир муљањњаз, аз љумла, 7 синфхонаи дарсњои озмоишї, толору утоќњои гуно-гун, аз љумла, ошхона, толорњои маљлисию варзишї ва майдо-ни варзишї иборат хоњад буд. Тавре иттилоъ доданд, њамин рўзњо дар шањри Норак сох-тмони боз як њамин гуна мак-таб оѓоз меёбад. Барои њар ду мактаб, ки дар маљмўъ барои беш аз 2500 нафар хонанда дар 2 баст пешбинї шудаанд, људо намудани наздики 70 миллион сомонї маблаѓњои љумњуриявї пешбинї гардидааст.Дар маркази шањри Но-

рак бо иштироки Президенти кишвар Эмомалї Рањмон як бинои панљошёнаи маркази хизматрасонї ифтитоњ ёфт, ки аз љониби соњибкори мањаллї Муродалї Ятимов бунёд ёф-тааст. Танњо дар 2 ошёнаи омодагаштаи ин бино беш аз 40 нафар бо кори доимї таъ-мин мешаванд. Ошёнаи яку-ми бино барои маркази сав-до ва хизматрасонињои дигар пешбинї шудааст. Дар ошёнаи дуюми он коргоњи дўзандагї омода гардидааст, ки дар он 23 нафар занону духтарони мањаллї бо кори доимї таъмин гардидаанд.Дар ошёнањои болоии бино,

ки ба наздикї омода хоњанд шуд, мењмонхона, сартарошхона ва дигар нуќтањои хизматрасонї љойгир шуда, дар онњо ќариб 30 нафари дигар соњиби кор ме-

гарданд.Дар пањлўи ин бино бо ишти-

роки Сарвари давлат Эмомалї Рањмон бозори нави шањри Но-рак ифтитоњ ёфт, ки аз ду бинои дуошёна ва як бинои сеошёна иборат буда, дорои беш аз 300 љойи корї мебошад. Ин бозори зебою мураттаб аз љониби ба-родарони соњибкор Назаровњо бо харљи ќариб 5,5 миллион сомонї бунёд ёфта, дар он фурўшгоњњои мањсулоти гуно-гуни кишоварзї, либосворї, саноати сабуку хўрокворї, масолењи сохтмонї, супермар-кет, мењмонхона ва коргоњњои дўзандагию заргарї љойгир карда мешаванд.Коргоњи дўзандагии он ал-

лакай омода буда, дорои 50 љойи корї аст. Дар ин љо дўхти либосњои гуногуни мардонаю за-нона, кўдакона, корї, мактабї, либосвории арўсї ва ѓайра ба роњ монда мешавад. Бунёдгузо-рон бозор бо њидояти Сарвари давлат Эмомалї Рањмон уњдадор шуданд, ки то охири сол дар њамин коргоњ боз 50 љойи кории дигар бунёд намоянд.Коргоњи заргарии бозор, ки

филиали корхонаи заргарии шањри Кўлоб хоњад буд, бо 50 љойи корї то охири соли равон бояд омода шавад. То он ваќт шумораи умумии љойњои корї дар ин бозори замонавї ба 400 хоњад расид.Мењмонхонаи он бо 21 њуљра,

42 кати хоб ва шароити хуби замонавї хоњад буд.

Зимни шиносої бо корхонаи хусусии Тољикгидромонтаж Президенти кишвар Эмомалї Рањмон бо фаъолияти истењсолии он аз наздик шинос шуд.Ин корхонаи дар гузашта

барои сохтмони нерўгоњи Но-рак бунёдёфта, дорои таърихи пурифтихор аст. Бо вуљуди ин, корхона дар солњои 90- уми асри гузашта бо сабабњои маъ-лум ќариб аз кор боз монда, ба њолати ногувор рў ба рў омада буд. Вале аз пас хусусї шудан он умри дубора пайдо намуда, ба истењсоли мањсулоти гуно-гун машѓул шуд.Њоло танњо дар коргоњњои

коркарди метал беш аз 30 на-фар кафшергарони моњир ва дигар мутахассисони баландпоя бо истењсоли конструксияњои гуногуни оњанию пулодї ба-рои нерўгоњњои барќї, дигар иншооти гидротехникї, роњу пулњо, наќбњо ва дигар иншоот машѓуланд.Ѓайр аз корхона вобаста

ба шароити замони муосир ба истењсоли дигар мањсулоти бо-зоргузар низ машѓул аст. Аз љумла, дар коргоњи дўзандагии он бо љалби 20 нафар занону духтарони хонашин дўхти ли-босвории гуногун, пеш аз њама либосњои корї барои биноко-рон ва коргарони дигари худи корхонаи Тољикгидромонтаж ба роњ монда шудааст. Бо маслињати Сарвари давлат Эмомалї Рањмон роњбарияти корхона уњдадор шуд, ки дар давоми 5 моњи оянда боз як коргоњи дўзандагї бо 40 љойи корї омода намоянд.Дар шањри Норак Прези-

денти мамлаат бо доири васеи шњрвандон мулоќот баргузор намуд.

АМИТ «Ховар»

НОРАК БЕШТАР ОБОД МЕШАВАД

Ин мактаб аз 22 синфхонаи гарданд.

БАРНОМАИ ТАЪЛИМИИ ФАННИАДАБИЁТИ ТОЉИК БАРОИ СИНФИ IХ

Соати умумии људошуда тибќи наќшаи таълимї 102 соат

8

ЊАМОСАИ ОБ

ТАЪЛИМИ НАЗАРИЯИ АДАБИЁТ ТАЉДИДИ НАЗАР МЕХОЊАД

сањ 10ОМОДАГЇ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНЇ

сањ. 11

Page 2: Omuzgor #33 2013

№ 33 16-уми августи соли 20132 ОМЎЗГОР ДАСТУР

Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон ба шумо дастур медињад, ки соли тањсили 2013-2014 фаъолияти муассисањои тањсилоти умумї ново-баста аз шакли ташкилию њуќуќї ва моликият дар асоси Наќшањои таъ-лимии муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон барои соли хони-ши 2008-2009 ва солњои минбаъда, ки бо ќарори мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон аз 30 марти соли 2009, №4/24 тасдиќ гардида, ба он бо ќарори мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон аз 31 майи соли 2011, №13/9 таѓйиру иловањо ворид карда шудааст, ба роњ монда шавад.Њамзамон, Вазорати маорифи

Љумњурии Тољикистон тавсия медињад, таќсимоти соатњои бахши мактабї, ки дар Наќшањои таълимї пешнињод гар-дидаанд, тибќи нишондоди Наќшањои мазкур, дар асоси ќарори Шўрои педа-гогии муассисаи таълимї бо дарназар-дошти афзалияти фан, таъмини заминаи моддию техникї ва кадрї ба таври зайл

ба роњ монда шавад:-дар равияи табиї-риёзї соатњои маз-

кур ба омўзиши фанњои математика, хи-мия, физика, биология;

-дар равияи љамъиятї-гуманитарї ба омўзиши фанњои таърих, њуќуќи инсон ва забонњои хориљї;

-дар равияи умумї ба омўзиши фанњои математика, физика, химия ва биология.Дар муассисањои тањсилоти умумие,

ки таълимашон бо забони ѓайридавлатї ба роњ монда шудааст, соатњои бахши мактабї ба омўзиши забони давлатї дода шавад.Тањлилњо собит намуданд, ки раф-

ти амалї гардидани Наќшањои таъ-лимии муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон барои соли хо-ниши 2008-2009 ва солњои минбаъда дар самти ташкили равия ва зерравияњои соњавї бо сабаби хунукназарии баъзе аз роњбарони муассисањои таълимї то њанўз ба пуррагї њалли худро пайдо на-кардааст. Аз ин лињоз, ба директорони

муассисањои таълимї ва мудирони шуъбањои маорифи шањру ноњияњои љумњурї дастур дода мешавад, ки дар самти ташкили равия ва зерравияњои соњавї дар муассисањои таълимие, ки

зиёда аз 2 синфи мувозї (параллелї) до-ранд, бо дарназардошти майлу раѓбати хонандагон, таъмини заминаи моддию техникї ва кадрї дар мувофиќа бо пада-ру модар (шахсони онњоро ивазкунанда) таълими равиявиро ба роњ монанд. Ташкили љараёни таълим дар лит-

сей, гимназия ва муассисањои таълимї барои хонандагони болаёќат бе равия манъ аст. Аз ин рў, директорони муассисањои

таълимии номбурдаро зарур аст, ки фа-ъолияти худро дар самти ташкили равия ва зерравияњои соњавї тибќи талаботи санадњои меъёрии њуќуќии соња ба роњ монанд.

Хизмати иловагии пулакї (хадамо-ти иловагї) дар муассисањои тањсилоти умумї тибќи моддаи 58-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мао-риф» ва банди 36-и Низомномаи наму-навии муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон аз рўи таълими фанњое ба роњ монда мешавад, ки ин фанњоро хонандагон ва падару модарон (шахсони онњоро ивазкунанда) интихоб кардаанд. Пардохти маблаѓ дар асоси шартнома аз тарафи падару модар (шах-сони онњоро ивазкунанда) мутобиќи Низомномаи “Номгўи хизмати илова-гии таълими пулакї дар муассисањои

таълимии Љумњурии Тољикистон”, ки ба суратњисоби муассисаи таълимї во-рид мегардад, сурат мегирад. Дарсњои хизмати иловагии пулакї тибќи ќарори Шўрои педагогї муќаррар карда шуда, дар асоси љадвали дарсњои ба таври илова тартиб ва тасдиќнамудаи маъму-рияти муассисањои таълимї гузаронида шуда, дар дафтар (журнали синфї)-и алоњида ќайд карда мешавад.

Њадди нињоии сарбории соатњои таълимї дар муассисањои тањсилоти умумї новобаста аз шакли ташкилию њуќуќї ва моликият дар якљоягї бо соатњои таълимии дар Стандарти дав-латии тањсилоти миёнаи умумї дар Љумњурии Тољикистон пешбинигарди-да то 42 (34+8) соат дар давоми њафта муќаррар карда мешавад.Аз ин лињоз, ба шумо тавсия дода

мешавад, ки љињати амалї гардида-ни Наќшањои таълимии муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон барои соли хониши 2008-2009 ва солњои минбаъда дар моњи август ба директорони муассисањои тањсилоти умумї семинари дастурдињї доир на-муда, аз натиљаи корњои анљомдода то 25 сентябри соли 2013 ахбори муфассали тањлилї манзур созед.

Вазири маорифиЉумњурии Тољикистон

Нуриддин САИДОВ

МАКТУБИ ДАСТУРИИ ВАЗИРИ МАОРИФИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОНоид ба наќшањои таълимї аз 12.08.2013, №06/3-941Ба сардорони раёсатњои маорифи

Вилояти Мухтори Кўњистони Ба-дахшон, вилоятњои Суѓду Хатлон, шањри Душанбе ва мудирони шуъбањои маорифи шањру ноњияњои тобеи љумњурї

«Њисор мардуми тањљої надорад!» Ин даъво тањрифи таърих, бесаводии мутлаќ, як намуди дигари мањалгарої, вайронкорї ва таљзияи миллат аст!Соли 1938 њафриётчї, акаде-

мик А.П. Окладников дар водии Њисор тањќиќот гузаронида, дар Теппаи Ѓозиён (мавзеи он тарафи рўдхонаи Чангоб, рў ба рўи Ќалъаи Њисор) бошишгоњи одамони давраи неолит - нас-ри нави сангиро бо асбобу ускуна, силоњ ва лавозимоти рўзгордориашон дарёфтанд. Олим муайян намуд, ки одамон 50 њазор сол ќабл дар ин мавзеъ маскан доштанд ва бозёфташро «Маданияти Њисор» номид. Аз ин пас, агар дар минтаќањои гу-ногуни Тољикистон бошишгоњи одамони давраи неолитро ёбанд, онро шартан аз љињати илмї «Маданияти Њисор» ме-номанд.Кишваршинос Алиќул

Девонаќулов дар асараш «Ас-рори номњои кишвар» оид ба Шумон менависад, ки дар ки-тоби паямбари оташпарастон - Зардушт «Позанд» сухан дар бораи шањри Шумон ва суло-лаи њукмрони он меравад.

Зиёратчї ва сайёњи хитої Сюин Љизян асри 6-и милодї, ба водии Њисор омада, дар бо-раи Шумон ва Чаѓониён маълу-моти муфассал додааст. Номи Њисори Шодмон бори аввал дар асари муаррихи дарбори Темуриён Шарофиддин Алии Яздї «Зафарнома» (асри 15) зикр шудааст.Умуман, номи Шу-

мон ва Њисори Шодмон дар сарчашмањои таърихї, саёњатномањои чинї, фаронсавї, русу англис ва турк зиёда зикр шудаанд. Боз бармегардем ба гуфтаи «Њисор халќи тањљої надорад». Аз асри 6-и милодї

истилогарон сайёњон, муарри-хон, ховаршиносони шарќию ѓарбї то асри 20 оё ба Њисори номаскуну беодам омада, бо љину парињо ва арвоњу шабањњо вомехўрданд?Дар як маќолаам навиш-

та будам: «Агар офтоб дар як ќатра об инъикос ёбад, пас, чењранамои Тољикистон ин Њисори Шодмон аст», зеро дар ин љо, тољикони водию кўњистон бо ќавму ќабилањои дигар солњои зиёде зиндагонї меку-нанд. Дар Њисор фирориёни њинду низ ватани дуввумашон-ро ёфтанд, ки соли 1875 аз дасти англисњо гурехтаанд ва то њол забонашонро нигоњ доштаанд.

1000 сол ќабл аз мавзеи Султо-ни Њиндустон ба Њисор лўлињо омаданд. Дар бораи љўгињои Њисор этнограф И.М.Оранский дар асари илмиаш «Фолклор язык Гиссарских паря» (Мо-сква, нашриёти «Наука», соли 1977) маълумот додааст.Як љињати умдаи лўлињои

Тољикистону Ўзбекистон ва хоса Њисори Шодмон ин аст, ки онњо ба забони тољикї байни худ њарф мезананд ва њисорињо бо шўхї онњоро «Ав-лод» гуфта ном мебаранд. Пас, чаро даъвогарон лўлињоро сар-фи назар мекунанд, ки тибќи шањодати олими мардумшинос

И.М.Оранский 1000 сол ќабл ба водии Њисор омадаанд?Сабаби рангорангии њайати

миллии Њисор дар чист? Му-аррихи машњур, шодравон Ањрор Мухторов боре тавассу-ти телевизион дар бораи таъри-хи Њисор сухан ронда, ибораи аљиберо иброз дошт: «Гушна мондї - Њисор рав!» Солњои хушксолию ќањтї мардуми кўњистон ва дигар кишварњо ба Њисор равона мешуданд. Њољї Шарифи Уроќ дар аса-

ри «Дунё», дар боби «Ќањтї» менависад, ки аз Ќазоќистон ќазоќњои ќањтизада ба Њисор омада, сад оила дар Осиёбда-ра, байни Хољачилдиёру Нољї

маскан гирифтанд. «Он мардум ба талу теппањо баромада, њар чизе, ки меёфтанд, мехўрданд, ба ќишлоќњо даста - даста шуда медаромаданд. Ќисмате аз онњо дар ќишлоќи Дурбат маскан гузида, дар он љо муќимї шу-данд».

10 сол ќабл бо олиме шинос шудам. Миллаташ ўзбек. Иброз дошт, ки соли 1930 дар Тошканд таваллуд шудааст. Соли 1937 дар Тошканд ќањтии сахт омад. «Одамон аз гуруснагї дар кўчањо афтида љон медоданд. Он ваќт њамсояамон - мўйсафеде ба па-дарам маслињат дод: «Писарам, дар Тољикистон љое њаст бо номи Њисор. Бо оилаат тез он љо рав, ки дар ин љо талаф мешавї». Бо ќатора ба Њисор омадем ва ин са-бабгори наљоти мо шуд».Шоир, зодаи Ѓарм Њољї

Мурод наќл кард, ки бо-бояш мегуфтааст, ки агар Њисор набошад, ањволи мо, кўњистониён, хеле танг ме-шавад, зеро ѓаллаљотро аз Њисор меоварем, он љо мардикорї меравем. Тибќи шањодати устоди Донишгоњи миллии Тољикистон, номзади илми љуѓрофиё Рањматулло Диловаров, ибтидои ободии Њисор ин мавзеъњои Ѓузору Шањрисабзи Љумњурии Ўзбекистон буда, интињояш мавзеи Обигарми Тољикистон мебошад ва дар ин њавза 10 миллион нафар одам зиндагї мекунад, ки худро бо ифти-хор «њисорї» меноманд.Њоло Њисор дар осто-

наи љашни бузург истода-аст. Бо пешнињод ва иќдоми наљотгари миллат, Президенти мањбубамон Эмомалї Рањмон соли 2015 - ум 3000 - солагии Њисор љашн гирифта мешавад. Њоло сохтмонњои љашнї бо суръати том идома доранд. Ши-ори мо бояд ин бошад: «Дунё шавему аз дигар дунёи нав бар-по кунем».

Зафар ДЎСТОВ, собиќадори маориф,

муаррихи Њисори Шодмон

БА ПЕШВОЗИ 3000-СОЛАГИИ ВОДИИ ЊИСОР

…ДУНЁ ШАВЕМУ АЗ ДИГАР ДУНЁИ НАВ БАРПО КУНЕМ

«Њисор мардуми тањљої

СбарамЊдаТеЯзи

мдасарушгуна

Дар маљлисгоњи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон машварати директо-рони муассисањои тањсилоти ибтидоии касбї баргузор гардид. Дар оѓози машварат муо-вини вазири маориф Одинаев аз рафти иљрои наќшаи ќабул дар ин муассисањо њисоботи мухтасар дод. Маълум шуд, ки имсол наќшаи ќабул дар ин муассисањо 12635 љойро ташкил дода, то имрўз њамагї 6118 нафар њуљљат су-поридаанд.

-Муќоисаву тањлил нишон дод, ки дар љумњурї наќша аз ин љињат 48 дарсадро таш-кил медињад, -гуфт бо нигаронї ў. – Масалан, дар вилояти Суѓд 70, шањри Душанбе 54, Хат-лон 31, НТЉ 28 ва Бадахшон 24 дарсад иљрои наќша ба назар мерасад, ки ин дар њаќиќат, боиси нигаронист. Вазири маорифи љумњурї Нуриддин Саи-

дов аз љараёни ќабул дар МТИК сахт нига-рон шуда, сабаби асосиро дар ин вазъ љўё шуд.

-Чаро дар вилояти Суѓд наќша иљрошаванда будаасту дар Хатлону Бадах-шон ва ё ноњияњои тобеи љумњурї не? – изњор намуд вазир. –Њатто, дар шањри Душанбе, ки маркази љумњурї ба њисоб меравад, вазъ аз ин љињат ташвишовар аст. Ба гуфти раиси шўрои директорони ЛКТ-

њои вилояти Хатлон Абдусалом Обидов, яке аз проблемањо дар ин маврид ба љараёни таќсимоти аттестатњо вобаста будааст. Дар њар сурат роњбарони муассисањо тибќи да-стури вазири маориф муваззаф гардиданд, ки то 5 сентябр аз натиљаи иљрои наќшаи ќабул њисобот пешнињод намоянд. Дар робита аз вазъи пешнињоди њуљљатњои

довталабон љињати тањсил дар коллељњои кас-бии вилояти Томски Федератсияи Россия аз љониби литсейњои касбии техникї маълумот дода шуда таъкид гардид, ки аз муассисањои тањсилоти ибтидоии касбии шањри Душанбе ва ноњияњои тобеи љумњурї 44 нафар, вилояти Хатлон 23 нафар ва вилояти Суѓд 17 нафар, љамъ 84 нафар то 30.07.2013 барои тањсил дар коллељњои вилояти Томск сафарбар шудааст. Дар њамин њол як ќатор литсейњо номзадњои худро пешнињод накарданд. Яке аз мавзўъњое, ки мавриди баррасї

ќарор гирифт, ба вазъи курсњои кўтоњмуддати омўзиши касбњои коргарї дар муассисањои таълимї иртибот дошт. Зикр шуд, ки то имрўз ба теъдоди 9715 нафар чунин курсњоро хатм намуда, 2493 нафари дигар ба тањсил фаро гирифта шудаанд. Дар назар аст, 15470 нафари дигар ба тањсил дар чунин курсњо фаро гирифта шаванд. Дар анљоми машва-рат ба рафти корњои таъмиру тармим дар муассисањои тањсилоти ибтидоии касбї, омодагї ба соли нави хониш ва вазифањои дар пешистода таваљљуњ зоњир гардид.

Саидаи ФАЗЛ, «Омўзгор»

МАШВАРАТ

ЛКТ-ЊО ТАВАЉЉУЊИБЕШТАРРО ИНТИЗОРАНД

Page 3: Omuzgor #33 2013

№ 33 16-уми августи соли 2013 3ОМЎЗГОР КАСБОМЎЗЇ ТАЊСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБЇ

- Бо маќсади иљрои дасту-ру супоришњои Президен-ти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон оид ба соњибкасб намудани 100 њазор нафар, ки дар Паёмашон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон 20.04.2012 баён доштанд, дар асоси фармои-ши вазири маорифи Љумњурии Тољикистон аз 28.06.2012, №1249 дар заминаи муассисањои тањсилоти миёнаи умумии шањру ноњияњои љумњурї берун аз раванди таълим гурўњњои таълимии курсњои кўтоњмуддат ташкил карда шуд. Њамзамон, барои ба таълим фаро гириф-тани муњољирони мењнатї, ба касбомўзї љалб намуда-ни шањрвандони Љумњурии Тољикистон дар муассисањои тањсилоти ибтидоии касбии љумњурї фармоиши якљояи вазири маорифи Љумњурии Тољикистон, вазири мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон ва сар-дори Хадамоти муњољирати назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 25.07.2012, №221 ба имзо расонида шуд. Дар муассисањои таълимии Љумњурии Тољикистон аз рўйи 33 ихтисос (аз 105 их-тисоси омўхташаванда) дар курсњои кўтоњмуддат кадрњои коргарї омода карда меша-ванд. Тањлилњо нишон до-данд, ки талабот ба бархе аз ин ихтисосњо сол то сол кам шуда, баъзеяшон ќариб ки аз байн рафтаанд. Масалан, их-тисоси челонгар оид ба тайёр намудани љузъњо ва ќисмњои техникї-санитариро соли гу-зашта њамагї 4 нафар, ихтисоси хиштчинро 8 нафар, ихтисоси харротро 37 нафар ва ихтисоси андовачиро 80 нафар касбомўз хатм намуданду халос. Соли гузашта курсњои кўтоњмуддати муассисањои тањсилоти ибти-доии касбии љумњуриро 15578 нафар хатм намуданд. Дар 291 муассисаи таълимие, ки дар асоси иљозатномаи Ва-

зорати маорифи Љумњурии Тољикистон фаъолият наму-да истодаанд, 84438 нафар курсњои кўтоњмуддатро хатм намуда, соњиби шањодатномаи касб гардиданд. Дар маљмўъ соли 2012 10016 нафар курсњои кўтоњмуддати омўзиши касбњои коргариро хатм наму-данд. Ин нишондод нисбат ба солњои 2010-2011 ду мароти-ба зиёд аст. Дар баробари ин, дар се моњи соли равон 3696 нафар курсњои кўтоњмуддати омўзиши касбњои коргариро хатм намуда, 4297 нафари ди-гар айни њол хонда истодаанд. Инчунин, муассисањои таъли-мие, ки тибќи иљозатномаи Ва-зорати маориф фаъолият мена-моянд, дар семоњаи соли равон 24800 нафарро аз рўи касбњои коргарї омода намуданд.

Њамзамон, бо маќсади тањлили воќеии талаботи бо-зори мењнати дохили кишвар ба касбњои коргарї ба тамо-ми шањру ноњияњои мамлакат мактуб ирсол гардид, ки сам-ти тараќќиёти рушд, талаботи бозори мењнат ва минтаќањои сернуфуси шањру ноњияњоро љињати азнавсозии муассисањои тањсилоти ибтидоии касбї тањлили воќеї намуда, аз натиљааш ба Вазорати маориф њисобот пешнињод намоянд. Ин иќдом аз љониби маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии шањру ноњияњо хуш пазируфта шуд. Акнун дар доираи њамкорињои Њукумати Љумњурии Тољикистон бо Бонки Исломии Рушд аз рўи лоињаи «Барномаи саводно-кии касбї барои паст кар-дани сатњи камбизоатї дар Тољикистон (VOLIP)» таъмиру тармим, бо таљњизоту техни-каи замони муосир таъмин на-мудани њашт литсейи касбии техникї ва сохтмони чунин муассисањо дар чор минтаќаи сернуфуси ањолї ба наќша ги-рифта шуд, ки њамзамон ин иќдом ба бењ шудани љалби муњољирони мењнатї љињати таълими курсњои кўтоњмуддати омўзиши касбњои коргарї му-соидат менамояд.Байни литсейи касбии

техникии №66-и шањри Ду-шанбе, намояндагии Хада-моти муњољирати Россия ва Донишгоњи славянии Тољикистону Россия наќша- чорабинї дар соли хониши 2011-2012 оид ба «Татбиќи лоињаи гурўњи пилотї љињати омодагии касбии шањрвандони Љумњурии Тољикистон, ки маќсади дар Федератсияи Ро-сия кор карданро доранд», Созишномаи байнидавлатии Њукумати Федератсияи Ро-сия ва Њукумати Љумњурии Тољикистон оид ба муташак-килона гузаронидани омўзиши касбї дар байни шањрвандони Тољикистон, ки дар оянда хоњиши кор дар Росия доранд, ба имзо расонида шуд. Дар асоси ин шартнома 100 на-фар шунаванда дар курсњои

кўтоњмуддати 5- моња аз рўи 3 их-тисоси монтёри барќї - 20 нафар, харрот-20 нафар ва кафшергари барќию газї - 60 нафар ќабул карда шуданд. Бояд тазаккур дод, ки таълим дар ин гурўњњо ба пуррагї аз гурўњњои анъанавї фарќ мекард. Бо маќсади чуќуртар омўзондани за-бони русї барои таълими ин фан 212 соат (аз ин теъдод 12 соат ба-рои супоридани имтињонњо) људо карда шуд. Омўзгорони забони русї (5 нафар) аз Донишгоњи славянии Тољикистону Рос-сия, ки собиќаи кории калон ва унвонњои илмї доштанд, барои гузаронидани дарсњо сафарбар шуданд. Инчунин таълим њафтае ду маротиба дар синфхонањои барњавои донишгоњи номбурда дар њаљми 8 соат гузаронида ме-шуд. Дигар бартарии ин бар-нома дар он буд, ки тибќи он фанни асосњои муњољирати мењнатї таълим дода мешуд. Ќайд кардан бамаврид аст, ки хатмкунандагон соњиби ду њуљљат, яъне шањодатномаи касбї ва сертифакат оид ба донистани забони русї шу-данд, ки бартарияти дигари ин барномаро нишон медињад. Моњи феврали соли 2012 аз 100 нафар шунаванда ба 94 нафар барои супоридани имтињонњои хатм иљозат дода шуд, ки аз онњо наваду як нафарашон имтињонњоро бомуваффаќият супориданд. Супурдани имтињони хатм дар литсей ва забони русї дар Донишгоњи славянии Тољикистону Рос-сия бо иштироки роњбарияти донишгоњи номбурда, на-мояндагони Федералии муњољирати Россия, Хадамоти муњољирати назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Ва-зорати маорифи Љумњурии Тољикистон баргузор гардид. Ба њамаи хатмкардањо бо тав-ри тантанавї шањодатномањои касбї ва сертификат супори-да шуд. Аз љониби Хадамоти муњољирати назди Њукумати Љумњурии Тољикистон як гурўњи хатмкардањо иборат аз 10 нафар ба шањри Санкт Петербурги Россия фиристо-да шуда, бо љойи кор таъмин карда шуданд. Њамзамон, Вазорати мао-

рифи Љумњурии Тољикистон талаботи бозори мењнати мамлакатњои хориљи кишвар, аз љумла, Федератсияи Россия, Бе-лоруссия, Украина, Ќазоќистон, љумњурињои Назди Балтика ва Аврупои Марказиро вобаста ба шароити нави муносибатњои

љамъиятї дар њамкорї бо Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон ва Хадамоти муњољирати назди Њукумати Љумњурии Тољикистон омўхта, „Таснифоти давлатии касбњои коргарї, вазифањои хизмат-чиён ва дараљањои тарифї дар Љумњурии Тољикистон” – ро тањия намуд. Њуљљати мазкур бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон 2 марти соли 2013, №86 тасдиќ гардид. Акнун мо метавонем муњољирони мењнатиро тибќи талаботи бо-зори хориљи кишвар ба таълим фаро бигирем. Тибќи дастури вазорат Мар-

кази таълимию методї наќша ва барномањои таълимии курсњои кўтоњмуддати омўзиши касбњои коргариро тањия намуд ва ин наќшаю барномањои таълимї аз љониби муовини аввали вазири маориф тасдиќ карда шуда, дастраси муассисањои таълимї гардонида шуданд. Тартиби ќабули шунаванда-гон (муњољирони мењнатї) ба курсњои кўтоњмуддати омўзиши касбњои коргарї тањия ва бо ќарори мушовараи Вазорати моарифи Љумњурии Тољикистон 29.08.2012, №13/6 тасдиќ карда шуд. Иљрои наќша ва барномањои таълимї, раванди таълим дар курсњои кўтоњмуддати омўзиши касбњои коргарї зери назорати љиддї ќарор дорад. Тибќи дастури роњбарияти Вазорати маориф баъд аз ба анљом расидани њар як курс роњбарони муассисањои таълимї њисобот пешнињод ме-намоянд. Бо роњбарии муовини авва-

ли вазири маориф аз њисоби кормандони раёсати кадрњо ва корњои махсус, раёсати тањсилоти ибтидої ва миёнаи касбї, Хадамоти давлатии назорат дар соњаи маориф Комиссияи аттестастионии назди муассисањои таълимии заминавї таъсис дода шуда-аст. Комиссияи мазкур фаъо-лияти курсњои кўтоњмуддати омўзиши касбњои коргариро дар самти омода намудани кадрњои коргарї аз њисоби

шањрвандони бешуѓл ва муњољирони мењнатї зери на-зорат ќарор додааст.Вазорати маорифи Љумњурии

Тољикистон таъсиси гурўњи ко-рии муштаракро љињати бар-расии њамаљонибаи масъалаи таъсиси филиали Донишгоњи давлатии технологии Ќазон дар заминаи литсейи касбии техни-кии №66 –и шањри Душанбе дар якљоягї бо вазоратњои адлия, молия, рушди иќтисод ва сав-до, корњои хориљї, тандурустї, корњои дохилї, мењнат ва њифзи иљтимоии ањолї, Кумитаи дав-латии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї ва Хадамоти муњољирати назди Њукумати Љумњурии Тољикистон мавриди омўзиш ва баррасї ќарор дода, пас аз љамъбасти хулосањо љињати муњокимаи масъала моњи апрели соли љорї дар Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон вохўрии гурўњи кориро доир намуд. Зимни вохўрї намояндагони вазо-рату идорањо ин ташаббусро мувофиќи маќсад шуморида, сари ду масъалаи асосї, яъне маблаѓгузории таъсиси фи-лиали Донишгоњи давлатии технологии Ќазон дар шањри Душанбе ва људо намудани бино андешаронї намуданд. Ќайд гардид, ки дар сурати аз љониби худи Донишгоњи давлатии технологии Ќазон маблаѓгузорї нагардидани таъсиси филиали мазкур, он барои Љумњурии Тољикистон хеле гарон хоњад афтод. Дар анљом ќарор дода шуд, ки Ва-зорати маорифи Љумњурии Тољикистон дар муњлати 1 моњ сметаи харољоти тахминиро барои таъсиси филиали мазкур дар Љумњурии Тољикистон омо-да сохта, дар асоси он Хадамо-ти муњољирати назди Њукумати Љумњурии Тољикистон бори дигар масъалаи маблаѓгузории онро бо љониби Ќазон баррасї намояд. Дар сурати имко-нияти маблаѓгузорї доштани Донишгоњи давлатии техноло-гии Ќазон њамкорї дар ин самт бо донишгоњи мазкур пурра ба роњ монда мешавад.Дар асоси наќшаи кории

Вазорати маориф (27.12.2012, №79/1-5) дар љаласаи на-зоратии назди вазири мао-риф масъалаи ба омўзиши касбњои коргарї љалб наму-дани шањрвандони бешуѓл ва муњољирони мењнатї ва масъалаи вазъи фаъолияти курсњои кўтоњмуддати омўзиши касбњои коргарї ва тањсилоти калонсолон дар марказњо ва муассисањои таълимии љумњурї (28.02. 2013, №3/5) дар љаласаи мушовараи Вазорати маориф баррасї гардида, ќарорњои дахлдор ќабул карда шуд.Вазорати маорифи

Љумњурии Тољикистон ба масъалаи расонидани кўмак ба муњољирони мењнатї ва фар-зандони онњо дар хориљи киш-вар, љињати омўзиши забони давлатї, фарњанг ва таърихи миллї диќќати љиддї дода, бо маќсади бењдошти некўањволии муњољирони мењнатї ва омўзиши забонњои хориљї та-моми чорањои зуруриро меан-дешад.

Тањияи Саидаи ФАЗЛ,«Омўзгор»

ОМИЛИ РАФЪИ МОНЕАЊОКАСБЊОИ КОРГАРЇ –

Page 4: Omuzgor #33 2013

№ 33 16-уми августи соли 20134 ОМЎЗГОР МУЊОКИМА

Дар бораи барномаи ада-биёти тољик ва китоби дарсии ин фан аз ибтидои соли 90-и асри гузашта то имрўз бисёр гуфтанду навиштаанд, вале то кунун барномаи таълимї ва китоби дарсие ба майдон омад, ки љавобгўйи талаботи замо-ни муосир бошаду њамагон аз он розї бошанд. Сабаби аслии он, њамоно ба маърази муњокимаи умум нагузоштани барнома озмун нагузаронидан ва ба эътибор нагирифтани андешањои мутахассисон, алал-хусус омўзгорони таљрибадори мактабњои тањсилоти миё-наи умумї, ки дар амал тадбиќкунандаи барномаи таълимї ва китоби дарсиянд, мебошад.Баъд аз Истиќлоли кишвар бо

фарорасии шароити мусоид за-рурати таљдиди назар намудан ба барнома ва китобњои дарсї ба миён омад. Бори нахуст бар-номаи алтернативии М, Ансор ва Њ.Ќањњоров барои синфњои 9-11 ба нашр расид (Маърифат, 1991, №12). Сипас С.Махкамов лоињаи барномаи алтерна-тивии худро барои синфњои 5-11 пешнињод кард (Омўзгор, 1992, 16.09-07.10.). Њамчунин Т.Миров тањти унвони «Ада-биёти тољик, барномаи таълим барои мактабњои асосї ва миё-на» (синфњои 5-11) барномаи худро пешкаши умум гардонд

(Адаб, 1992, 21). Дар матбуо-ти њамон давра дар бораи ду барномаи аввал фикрњои мус-бат ба нашр расидаанд, аммо С.Махкамов дар таќризи худ барномаи Т.Мировро аз иб-тидо то интињо танќид намуда, бо далелњои илмї камбудињои онро собит намудааст (Адаб, 1993, №7-8). Мушовараи Вазо-рати маориф пешнињод меку-над, ки аз се барнома як бар-номаи мукаммал тартиб дода шавад. Бо ин маќсад дар назди Пажўњишгоњи илмњои педагогї гурўњи корї ташкил меёбад, ки дар он, илова бар мурат-тибони барномањо олимон, методистон аз мактабњои миё-наву олї шомил буданд. Баъд аз итмоми кор ба сабаби ба назар нагирифтани андешањо аксари мутахассисони варзида ба нусхаи нињоии он имзо на-мегузоранд. Њ.Ќањњоров, М. Ансор ва С.Мањкамов дар ба-робари он барнома, ки розї на-буданд, «Барномаи курси хони-ши адабии синфњои 5-7»-ро бо диди нав мураттаб намуда, ба маърази муњокима мегузоранд (Маърифат, 1994). Нооромињои солњои навад ба ќабули дуру-сти барномаи адабиёти тољик латма зад. Вазорати маориф «Барно-

маи «Адабиёти тољик» барои синфњои 5-9 ва 10-11» (1994)-ро, ки Пажўњишгоњи тадќиќоти

илмии илмњои педагогии Тољикистон (бидуни номи му-раттибон) пешнињод карда буд, њамчун барномаи озмоишии давраи гузариш маъќул дони-стааст. Баъд аз ин ду мароти-баи дигар (соли 2002 ва 2006) барнома таљдиди назар шуда, нињоят, соли 2007 Х.Шарифов ва У.Тоиров «Барномаи таъли-ми адабиёти тољик дар синфњои 5-11» мураттаб намуданд ва Мушовараи ВМ ЉТ онро ба чоп тавсия карда, ки то кунун мавриди амал аст. Дар бо-раи ин барнома дар маќолаи Н.Саидов, Ш.Исрофилниё ва Б.Шарифов «Зарурати таљдиди назар ба барномаи таълими адабиёт барои синфњои 5-11» (Омўзгор, 14.06.2013) батафсил сухан рафтааст.Баъд аз таъин шуданам ба

вазифаи директории ПРМ АТТ тайи як нома ба вазири маорифи ЉТ зарурати таљдиди назар намуданро ба барно-маи адабиёти тољик ба миён гузоштам. Супориш шуд, ки барномаи нави дархури замон мураттаб гардад. Бо ин маќсад моњи майи соли 2012 дар ПРМ АТТ бо иштироки мутахасси-сон доир ба барномаи адабиё-ти тољик мизи мудаввар доир гардид. Ањли нишаст бо андаке таѓйирот тарњи барномаеро, ки камина пешнињод намуда бу-дам, маъќул донистанд. Ба кор-

мандони куњансоли ПРМ АТТ Т.Миров ва Г. Сафаров, ки дар ин масъала таљрибаи бисёрсола доштанд, супориш шуд, ки дар асоси тарњи пешнињод шуда барномаи мукаммал омода со-занд. Баъд аз нуњ моњи интизорї Т.Миров ва Г.Сафаров аз чанд барномаи кўњна як барнома сохта пешнињод карданд, ки маъќул наафтод, зеро аз тарњи пешнињодшуда дар он асаре на-буд.Чун аз кормандони куњансол

умеде њосил нашуд, худ ба кор шурўъ намудем. Барномаи курси хониши адабии синфњои 5-7, ки бояд тариќи мавзуї мураттаб ме-гардид, ба А.Байзоев супорида шуд ва барномаи таълими адаби-ёт дар синфњои 8-11 худ ба зим-ма гирифтам. А.Байзоев тарњи барнома ва номгўйи мавзўъњоро пешнињод намуд, аммо ба му-раттаб намудани шакли комили барномаи курси хониши адабии синфњои 5-7 имкон наёфт. Дар ин миён вазири маориф муњтарам Н.Саидов масъалаи стандартњои фанниро ба миён гузошт. Барои навиштани стандарти фанни адабиёти тољик бо роњбарии ректори ДДОТ ба номи Айнї академик А.Рањмонов гурўњи корї ташкил ёфт. Гурўњи корї илова бар стандарти фанни ада-биёти тољик барномаи онро низ бояд омода месохтанд. Ба њар як аъзои гурўњ навиштани стандарт

ва барномаи як синф супорида шуд. Мувофиќи таќсимот ба ман стандарт ва барномаи синфи 9 афтод. Камина барномаи нави мураттабшударо ба гурўњи корї пешнињод намудам. Аксар тарњи барномаро маъќул донистанд, вале ба коњиш ёфтани теъдоди шуаро ва соатњои бештар додан ба чењрањои маъруф розї нашу-данд.Бо назардошти мулоњизањои

дар маќолаи «Зарурати таљдиди назар ба барномаи таълими адабиёт барои синфњои 5-11» (Омўзгор, 14.06.2013) баён шуда ва ваъдаи пешнињоди барномаи нави адабиёти тољик аз љониби кормандони ПРМ АТТ, инак лоињаи «Барномаи таълими «Адабиёти тољик» дар синфи 1Х» манзури шумо, хо-нандагони азиз, мегардад. Та-манно дорем, ки дар муњокима ва радду ќабули он омўзгорони арљманд, методистон, адибон ва њамаи онњое, ки хоњони руш-ди маорифи кишвар њастанд, фаъолона ширкат меварзанд, беѓаразона муњокима мекунанд ва мунсифона арљ мегузоранд. Мо ният дорем, ки барномаи синфњои дигарро низ бо ин усул ба муњокима гузорем. Боќї њукму доварї аз љониби шумо, азизон, аст.

Бо эњтиром,Ш.Р.ИСРОФИЛНИЁ,директори ПРМ АТТ

БАРНОМАИ ТАЪЛИМИ «АДАБИЁТИ ТОЉИК» ДАР СИНФИ IХ ЛОИЊА

АДАБИЁТИ ТОЉИК ДАР АСРЊОИ ХIII ВА Х1У (3 соат)Вазъияти сиёсї, иљтимої ва адабї

дар асрњои Х111-Х1У (1 соат)Табсира: Омўзгор њангоми баё-

ни мавзўъ ба масъалањои зерин бояд таваљљуњ намояд ва ба таври фишурда дар њаљми як соат ба самъи хонанда-гон расонад: Вазъияти сиёсї, иљтимої ва адабї дар арафаи истилои муѓул. Њуљуми муѓул, тасарруфи шањрњои Моввароуннањр, Хуросон ва Эрон, кушторњо, харобии саросарии киш-вар, парокандагии мактабу мадрасањо. Сукути илму дониш ва хомўш шудани чароѓи адабиёти форсї-тољикї дар Моввароуннањру Хуросон, аз байн рафтани китобхонањо, фирори до-нишмандону адибон ба сарзаминњои дури Њинд, Осиёи Хурд, Озарбойљону Форс (Бањоуддини Валад - падари Мавлоно, Авфии Бухорої, Сайфи Фарѓонї, Шамс Ќайси Розї, Зиёуд-дини Нахшабї) ва кушта шудани баъ-зе аз онњо (Шайх Аттор, Камолиддин Исмоили Исфањонї), муборизаи халќи тољик бар зидди истилогарони муѓул: Темурмалик-ќањрамони халќи тољик. Сиёсати давлатии муѓулњо, беш

аз андоза ривољ ёфтани љабру зулм ва инъикоси онњо дар адабиёт, яъсу ноумедии умумї ва ба тарки дунёву та-саввуф рў овардани мардум, ривољи љараёнњои тасаввуфї ва нуфузи бесобиќаи тасаввуф ба адабиёт, хоса ба шеъри форсї-тољикї. Ташаккули давлати Элхонї дар

Эрон, хонигарињои Осиёи Миёна, пойдории давлати ягонаи тољикии хонадони Оли Курт дар Њирот. Суку-ти хилофати Аббосї ва ќатли охирин халифа дар соли 1258. Суст шудани њокимияти муѓулњо ва оњиста-оњиста ба дини ислом гаравидани њокимони муѓул, тадриљан эњё шудани њаёти адабї дар Эрон ва Осиёи Миёна. Ривољи илму фарњанг ва таъсиси

њавзањои адабиёти тољикї дар Њинд, Форс, Озарбойљон ва Рум (Осиёи Хурд). Ривољи ѓазал ва таназзули

ќасидасарої ва сабабњои он. Ривољи таърихнигорї дар ин давра, таърих-нависон ва китобњои онњо: Рашидду-дин Фазлуллоњ-» Љомеъ–ул-таворих», Атомалики Љувайнї- «Таърихи Љањонкушой», Њамдуллоњи Муставфї- «Таърихи гузида», Вассофи Шерозї-»Таърихи Вассоф» ва ѓайра. Ривољи улуми адабї, тазкира, китобњои шеършиносї, таълимї, луѓатномањо. Донишмандони бузурги ин давра ва асарњои онњо:Хоља Насируддини Тусї ва таълифоти ў: «Асос-ул-иќтибос», «Меъёр-ул-ашъор»; Шамс Ќайси Розї ва «Ал-муъљам»-и ў; Муњаммад Ав-фии Бухорої ва тазкираи ў «Лубоб-ул-албоб». Маълумоти мухтасар дар бораи

њаёт ва эљодиёти Фахруддин Ироќї ва Сайфи Фарѓонї (1 соат). Табсира: Омўзгор бояд ба таври фи-

шурдаю ихчам перомуни зиндагї ва осори ду намояндаи бузурги ин ањд - Ироќї ва Сайфи Фарѓонї маълумот дињад. Њамчунин метавонад шакли фаъол- дарс-семинар (амалї)-ро ба кор барад ва омўзиши мавзўъро ќаблан (дар дарси аввал)ба хонандагон супо-риш дињад. Њини баёни мавзўъ аз тара-фи хонандагон омўзгор ба њайси довар љавобњои онњоро комил мегардонад. Маълумоти мухтасар дар бо-

раи њаёт ва эљодиёти Амир Хусрави Дењлавї (1 соат). Табсира: Омўзгор бояд ба таври

фишурдаю ихчам перомуни зиндагї ва осори намояндаи бузурги адабиё-ти форсизабони њавзаи Њинд дар ин давра-Амир Хусрави Дењлавї маълу-мот дињад. Њамчунин метавонад шак-ли фаъол, дарс-семинар (амалї)-ро ба кор барад ва омўзиши мавзўъро ќаблан (дар дарси гузашта) ба хонандагон су-пориш дињад. Њини баёни мавзўъ аз тарафи хонандагон омўзгор ба њайси довар љавобњои онњоро комил мегар-донад.

Саъдии Шерозї (18 соат)

Шарњи рўзгори Саъдї ва мероми адабии ў (1 соат)Шарњи рўзгор: афсона ва њаќиќати

ривоёти сарчашмањо, тавзењи сафарњои адиб; меросии адабии ў: таркиби «Куллиёт»-и Саъдї: Таййи-бот, Бадоеъ, Хавотим, Ѓазалиёти ќадим, маснавиёт, тарљеот, ќасоиди форсию арабї, ќитъаот, рубоиёт, му-ламмаот, мулњаќот, муфрадот, «Гули-стон» ва «Бўстон», рисолањо: Насињат-ул-мулук, маљолис ва ѓайра. Табсира: Омўзгор баъд аз баёни

тарљумаи њол, аз он љо, ки асарњои асосии шоир људогона мавриди омўзиш ќарор мегиранд, ба таври фи-шурдаи ихчам доир ба мероси адабии Саъдї, хидмати ўро дар ташаккулу та-комули адабиёти форсу тољик, алалху-сус ѓазал (таъсирпазирї ва истиќболи ѓазали Саъдї аз љониби шоирони баъдї), таъсири осори ў ба адабиё-ти миллатњои дигар, тарљумаи осори шоир ба забонњои мухталиф (олмонї, англисї, арабї, испанї, русї, туркї ва ѓ.) маълумот медињад. Лирикаи Саъдї (6 соат): Саъдї – пайѓамбари ѓазал,

љањор девони шоир, мавзўи асосии ѓазалиёти шоир, ќироат ва шарњу тањлили ѓазалњои «Тани одамї шариф аст ба љони одамият» (1 соат), «Эй сорбон, оњиста рон, к-ороми љонам меравад» (1 соат); «Њама умр сар бар надорам сар аз ин хумори мастї» (1 соат); «Ёро, бињишт суњбати ёрони њамдам аст» (1 соат); «Ман надони-стам аз аввал, ки ту бемењру вафої» (1 соат); «На танњо ман гирифторам ба доми зулфи зебое» (1 соат). Мавод барои хониши иловагї: «Ќимати гул биравад, чун ту ба гулзор ої»; «Аз њар чи меравад сухани дўст хуштар аст»; ќасидаи бањорияи Саъдї. Табсира: Њангоми шарњи ѓазалњо

омўзгор бояд ба њунари шоирии Саъдї дар сурудани ѓазал, хусусияти бадеии ѓазалиёти шоир: самимияту

равонии калом, корбурди санъатњои бедеї, алалхусус, ташбењоту истио-роти табиї, андешањои ирфонї ва монанди инњо таваљљуњ намояд. Дар љараёни дарс хусусияти роиљтарин санъатњои бадеї, монанди ташбењ, истиора, ташхис, талмењ, ирсоли ма-сал бояд тавзењ дода шаванд.

«Бўстон» (1 соат) Бўстон - маснавии ахлоќї, сохт ва

таркиби он, мавзўъ ва мундариљаи идеявии фаслњои «Бўстон»; мавзўъњои адлу дод, раиятпарварї ва давлатдорї дар асар; андешањои сиёсї - иљтимої ва ахлоќии адиб; тавсифи адолатхоњї, сулњпарварї, инсондўстї ва дар ба-робари ин мазаммати подшоњони золим ва њокимони маѓруру худпи-санд, вобаста ба мавзўъ овардани њикояњои воќеї аз њаёти шоњону њокимони љаббор ва дар зимни ин њикояњо накўњиш намудани ин аф-роди љомеа ва даъват онњоро ба доду дињиш; масоили шахсияти инсон – тавозўъ, худписандї, љавонмардї ва эњсону шавќат дар асар. Дар ин мавридњо аз санъати тазод, тазоду муќобила бамаврид истифода бурда-ни нависанда. Табсира: Омўзгор бояд ба таври фи-

шурдаю ихчам перомуни сохту таркиби асар ва мавзўю мундариљаи фаслњои он маълумот дињад. Њамчунин, метаво-над шакли фаъоли дарс, дарс-семинар (амалї)-ро ба кор барад ва омўзиши мавзўъро ќаблан (дар дарси гузашта)ба хонандагон супориш дињад. Њини баёни мавзўъ аз тарафи хонандагон омўзгор ба њайси довар љавобњои онњоро комил мегардонад. Хонанда-гон ќитъањои шеърии пандуахлоќии асарро, ки омўзгор интихоб мекунад, бояд њифз кунанд.

«Гулистон» (9 соат) Табсира: Аз он љо, ки барои дебо-

ча ва њар як боби асар соати муайян људо шудааст, омўзгор бояд ба таври фишурдаву ихчам дар бораи мазмуну мундариљаи умумии бобњои «Гули-стон», фикрњои панду ахлоќї дар ин

БАРНОМАИ ТАЪЛИМИИ ФАННИ АДАБИЁТИ ТОЉИК БАРОИ СИНФИ IХСоати умумии људошуда тибќи наќшаи таълимї 102 соат

Page 5: Omuzgor #33 2013

№ 33 16-уми августи соли 2013 5ОМЎЗГОР МУЊОКИМА

асар: одоби сухан, њурмати падару модар, тавсифи њунар ва њунармандї, ањамияти илму амал, њиммату љавонмардї, одоби ќаноату суњбат, љавонию пирї; шеваи нигориш, «Гу-листон» ё худ насри манзуми Саъдї, ба њадди эъљоз расидани балоѓату са-лосати сухан дар асар, набудани исти-ораи борид ва киноёту ташбењоти дур аз зењн, фидои лафз нашудани маънї, корбурди устодонаи санъатњои гу-ногуни бадеї ва махсусан санъати саљъ, шуњрати љањонии «Гулистон» ва таъсири он ба суханварони муосиру баъдї ва адабиёти халќњои дигар маъ-лумот дињад. Омўзгор њангоми шарњи бобњои асар метавонад шакли фаъо-ли дарс- дарси омехтаро ба кор ба-рад, бо иштироки фаъоли хонандагон мубоњисаву суолу љавоб ташкил ку-над, ровигию наттоќиро ба кор барад ва њатто дар асоси хикоятњои муайян театр-сањначањо танзим кунад. Дебочаи «Гулистон» (1 соат): Маъ-

лумоти мухтасар дар бораи дебочаи асар:бо номи Худованд оѓоз шудани асар ва дар азамату бузургии Офа-ридгор сухан гуфтани адиб, сабаби офариниши оламу коинот ва рисолати инсон, афзали махлуќот будани ин-сон, тањлили абёти: «Абру боду мању хуршеду фалак дар коранд, То ту ноне ба каф орию ба ѓафлат нахўрї, Њама аз бањри ту саргаштаву фармонбар-дор, Шарти инсоф набошад, ки ту фармон набарї»; мадњи пайѓамбар, зикри љамили Саъдї ва азми ў дар эљоди «Гулистон», тавзењи масалњои: «Њар чї напояд, дилбастагиро на-шояд», тавзењи сухани Бузургмењр: «Андеша кардан, ки чї гўям, бењ аз пушаймонї хўрдан, ки чаро гуфтам» ва шарњи абёти «Сухандони парварда пири куњан, Биандешад, он гањ бигўяд сухан. Мазан то тавонї ба гуфтор дам, Накў гўй, гар дер гўйї, чї ѓам. Бияндеш в-он гањ баровар нафас, В-аз он пеш бас кун, ки гўянд бас. Ба нутќ одамї бењтар аст аз даввоб, Давоб аз ту бењ, гар нагўйї савоб»; тавзењи су-хани Луќмони њаким, «Луќмонро гуф-танд: Њикмат аз кї омўхтї? Гуфт: Аз нобиноён, ки то љое набинанд, пой нанињанд». Боби аввал. Дар сирати подшоњон

(1 соат): Шарњу тањлили њикояти ав-вал «Подшоњ, асир ва ду вазир»: са-баби дашном додани асир подшоњро, дурўѓи маслињатомез гуфтани вазири аввал, ошкор кардани вазири дуюм дуруѓї вазири аввалро, сабаби писанд омадани дурўѓи маслињатомези вази-ри аввал ба подшоњ, тафсири масали «дурўѓи маслињатомез бењ аз рости фитнаангез». Шарњу тањлили њикояти дањум «Насињати Саъдї малики зо-лими арабро дар назди турбати Яњё пайѓамбар», шарњи байти «Дарвешу ѓанї бандаи ин хоки даранд, В-онон, ки ѓанитаранд, муњтољтаранд» ва ќитъаи «Бани одам аъзои як пайкаранд, Ки дар офариниш зи як гавњаранд. Чу узве ба дард оварад рўзгор, Ди-гар узвњоро намонад ќарор. Ту, к-аз мењнати дигарон беѓамї, Нашояд, ки номат нињанодамї». Шарњу тавзењи њикояти сию дуюм «Ду бародар, ки яке хидмати султон кардї ва дигар ба зўри бозу нон хўрдї». Боби дуюм. Дар ахлоќи дарвешон (1

соат): Шарњу тавзењи њикояти чањорум: «Дузд ва дарвеш», тавзењи байти «Њар кї айби дигарон пеши ту оварду шу-мурд, Бегумон, айби ту пеши дигарон хоњад бурд»; Шарњи њикояти шашум: «Зоњид дар мењмони подшоњ», шарњи байти «Тарсам нарасї ба Каъба, эй аъробї, К-ин роњ, ки меравї, ба Тур-кистон аст»; Шарњу тавзењи њикояти њафтум: «Суњбати Саъдї бо падари хеш дар туфулият»; Шарњи њикояти бисту якум: «Луќмонро гуфтанд: Адаб аз кї омўхтї?»; Њикояти бисту дуюм: «Обиде, ки шаб дањ ман таом хурдї ва то сањар хатме дар намоз бикардї»,

шарњи њикояти сию дуюм «Подшоњ, ѓулом ва зуњњод», шарњи њикояти сию њаштум «Суњбати фаќењ бо падар ан-дар гуфтору амали мутакаллимон»; тавзењи байти «Тарки дунё ба мардум омўзанд, Хештан симу ѓалла андўзанд» ва ќитъаи «Соњибдиле аз мадраса омад ба хонаќоњ…»; шарњу тавзењи њикояти чињилу њаштум «Њакимеро пурсиданд: Аз саховат ва шуљоат…». Боби савум «Дар фазилати ќаноат»

(1 соат): Шарњи њикояти дуюм: «Ду амирзода дар Миср»; Шарњи њикояти ёздањум: «Дарвеш ва тавонгар»; шарњи њикояти сездањум: «Њотами Той ва хоркаш», тавзењи байти «Њар кї нон аз амали хеш хурад, Миннати Њотами Тойї набарад», шарњи њикояти бисту якум «Суњбати Саъдї бо бозаргон дар љазираи Кеш», шарњи ќитъаи «Он шунидастї, ки дар аќсои Ѓур, Борсо-лоре биафтод аз сутур. Гуфт: Чашми танги дунёдўстро, Ё ќаноат пур кунад ё хоки гўр». Боби чањорум «Дар фавоиди

хомўшї» (1 соат): Шарњи њикояти дуюм: «Бозаргонеро њазор динор хи-сорат афтод»; шарњи њикояти панљум «Њукми Љолинус дар њаќќи дониш-манде, ки аблање гиребогираш шуда», шарњи ќитъаи «Ду оќилро набошад кину пайкор…»; шарњи њикояти ша-шум «Якеро аз њукамо шунидам, ки мегуфт…», шарњи ќитъаи «Суханро сар аст, эй хирадманду бун, Маё-вар сухан дар миёни сухун. Худован-ди тадбиру фарњангу њуш, Нагўяд сухан, то набинад хамўш»; шарњи њикояти дањум «Шоир ва амири дуз-дон»; шарњи њикояти дувоздањум «Ха-тиби зиштовоз», тавзењи ќитъаи «Аз суњбати дўсте биранљам, К-ахлоќи бадам њасан намояд, Айбам њунару камол бинад, Хорам гулу ёсуман на-мояд. Ку душмани шўхчашми нопок, То айби маро ба ман намояд»; шарњи њикояти чањордањум «Нохушовози ќуръонхон», тавзењи байти «Гар ту Ќуръон бар ин намат хонї, Бубарї равнаќи мусалмонї». Боби панљум «Дар ишќ ва љавонї» (1

соат): Шарњи њикояти њаштум «Саъдї ва дўсташ»; шарњи њикояти понздањум: «Якеро зани соњибљамоли љавон даргу-зашт…», шарњи ќитъаи «Гул ба торољ рафту хор бимонд…»; Шарњи њикояти нуздањум «Малики араб ва Маљнуну Лайлї», шарњи ќитъаи «Кош онон айби ман љустанд…»; шарњи њикояти манзуми бисту якум: «Љавоне покбозу покрав буд, Ки бо покизарўе дар га-рав буд…». Боби шашум «Дар заъфу пирї» (1

соат): Шарњи њикояти сеюм «Саъдї ва њадиси пирмарди Бакру писараш», тавзењи ќитъаи «Солњо бар ту бигза-рад, ки гузор, Накунї сўйи турбати падарат. Ту ба љойи падар чї кардї хайр, Ки њамон чашм дорї аз писа-рат»; шарњи њикояти чањорум»Рўзе ба ѓурури љавонї сахт…», шарњи масали «Рафтану нишастан бењ, ки давида-ну гусастан»; шарњи њикояти панљум «Љавоне љуст…», тавзењи байти «Чун пир шудї зи кўдакї даст бидор…»; Шарњи њикояти шашум «Саъдии љавон ва модар». Боби њафтум «Дар таъсири тарби-

ят» (1 соат): Шарњи њикояти дуюм «Панд додани њаким писаронро»; Шарњи њикояти чањорум «Муаллими туршрўю талхгуфтор дар Маѓриб ва шогирдон», тавзењи байти « Устод муаллим чу бувад беозор, Хирсак бозанд кўдакон дар бозор» ва ќитъаи «Подшоње писар ба мактаб дод…»; шарњи њикояти њаштум «Аъробие-ро дидам, ки писарро њамегуфт…», тавзењи љумлаи «Туро хоњанд пур-сид, ки амалат чист? Нагўянд падарат кист?»; шарњи њикояти дањум «Дарвеш ва писари ў», тавзењи ќитъаи «Занони бордор, эй марди њушёр…»; шарњи

њикояти ёздањум «Тифл будам, ки бу-зургеро пурсидам аз булуѓ…», тавзењи ќитъаи «Љавонмардиву лутф аст ода-мият…»; шарњи њикояти «Соле низое миёни пиёдагони њаљиљ (њаљгузорон) афтода буд…», тавзењи ќитъаи «Аз ман бигўй њољии мардумгузойро?…»; шарњи њикояти њаждањум «Мољарои тавонгарзода ва дарвешбачча дар сари турбати падар». Боби њаштум «Дар одоби суњбат»

(1 соат): Шарњу тавзењи њикмати якум: «Мол аз бањри осоиши умр аст, на умр аз бањри гирд кардани мол», «Некбахт кист ва бадбахтї чист?»; шарњу тавзењи њикмати сеюм «Ду кас ранљи бењуда бурданд…», шарњи ќитъаи «Илм чан-дон ки бештар хонї…»; шарњу тавзењи њикмати панљум «Олими нопарњезкор кўри машъаладор аст»; шарњу тавзењи њикмати њафтум «Се чиз бе се чиз пой-дор намонад: мол бе тиљорат, илм бе бањс ва мулк бе сиёсат»; шарњу тавзењи њикмати њаштум «Рањм овардан бар бадон ситам аст бар некон; афв кар-дан аз золимон љавр аст бар дарве-шон»; шарњу тавзењи њикмати дањум «Њар он сирре, ки дорї бо дўст дар миён манењ…»; шарњу тавзењи њикмати дувоздањум «Сухан миёни ду душман чунон гўй, ки гар дўст гардад, шар-манда нашавї…», шарњи ќитъаи: «Ми-ёни ду кас љанг чу оташ аст…»; шарњу тавзењи њикмати њабдањум: «Насињат аз душман пазируфтан хатост, вале-кин шунидан равост…»; шарњу тавзењи њикмати њаждањум: «Хашми беш аз њад вањшат орад…», шарњи ќитъаи « Шу-боне бо падар гуфт…»; шарњу тавзењи њикмати бисту панљум «Хабаре, ки донї, ки диле биозорад, ту хомўш, то дигаре биорад…», шарњи байти «Бул-було, муждаи бањор биёр…»; шарњу тавзењи њикмати сиюм «Њама касро аќли худ…», шарњи ќитъаи «Яке яњуду мусулмон низоъ мекарданд…»; шарњу тавзењи њикмати сию дуюм «Њар кї дар њоли тавоної накўйї накунад…», шарњи ќитъаи «Бадахтартар аз марду-мозор нест…»; шарњу тавзењи њикмати сию сеюм «Њар чї зуд барояд, дер напояд»; шарњу тавзењи њикмати сию чањорум «Нодонро бењ аз хомўшї нест…», шарњи ќитъаи «Хареро аблање таълим медод…», шарњу тавзењи њикмати « Њар кї бо бадон нишинад, некї набинад», шарњи ќитъаи «Гар нишинад фариштае бо дев…»; шарњу тавзењи њикмати чињилу сеюм «На њар кї ба сурат накўст, сирати зебо дар ўст…»; шарњу тавзењи њикмати чињилу њафтум «Бењунарон њунармандро ната-вонанд, ки бинанд…»; шарњу тавзењи њикмати панљоњу панљум «Мушк он аст, ки бибўяд…»; шарњу тавзењи њикмати панљоњу шашум «Дўстеро, ки ба умре фарочанг оранд, нашояд, ки ба як дам биозоранд»; шарњу тавзењи њикмати панљоњу њаштум «Љавонмард, ки бихўраду бидињад, бењ аз обид, ки рўза дораду бинињад…»; шарњу тавзењи њикмати панљоњу нуњум «Андак-андак хеле шавад, ќатра-ќатра селе ша-вад…»; шарњу тавзењи њикмати њафтоду якум «Шиддати некон рўй дар фараљ дорад…»; шарњу тавзењи њикмати њафтоду сеюм «Талмиз (шогирд)-и беиродат…»; шарњу тавзењи њикмати њафтоду чањорум «Мурод аз нузули Ќуръон тањсили сирати хубист…»; шарњу тавзењи њикмати њафтоду ша-шум «Марди бе мурувват зан асту обиди ботамаъ рањзан»; шарњу тавзењи њикмати њаштоду дуюм «Њар кї бо-бадон нишинад…. «; шарњу тавзењи њикмати њаштоду чањорум «Њар кї дар пеши сухани дигарон афтад…»; шарњу тавзењи њикмати њаштоду ша-шум «Дурўѓ гуфтан…»; шарњу тавзењи њикмати наваду сеюм «Некбахтон ба њикоят ва амсоли пешиниён панд ги-ранд…»; шарњу тавзењи њикмати якса-ду њаштум «Сифати озодагон»; шарњу

тавзењи њикмати яксаду нуњум «Ду кас мурданду њасрат бурданд…»; Иншо дар мавзўи рўзгор ва осори

Саъдї (2 соат). НАЗАРИЯИ АДАБИЁТ: (1 соат):

Маълумот дар бораи ќитъа: тарзи ќофиябандии ќитъа, навъњои ќитъа, мавзўъњои асосии ќитъа, фарќи ќитъа аз дигар жанрњои ѓиної, сайри таъри-хии ќитъа дар адабиёти форсу тољик.

Мавлоно Љалолилуддини Балхї (16 соат)

Зиндагонї ва осори Љалолуддини Балхї (1 соат): Даврони кўдакї ва тар-бияти падар, мусофират, вохўрї бо Ат-тор, тањсил, шогирдии Бурњониддини Муњаќќиќ, зану фарзандони Мавло-но, Муносибати Љалолиддини Балхї бо Шамси Табрезї. Мероси адабии шоир: «Девони кабир» ва таркиби он, «Маснавии маънавї», «Фињї мо фињї». Мавлоно-орифи шоир, маз-муни ирфонии эљодиёти Љалолуддини Балхї. Ѓазалиёти Мавлоно (3 соат).

Ќироат ва шарњу тањлили ѓазали «Дило назди касе биншин, ки ў аз дил хабар дорад» (1 соат); ќироат ва шарњу тањлили ѓазали «Ошиќ шудаї эй дил, савдот муборак бод» (1 соат); ќироат ва шарњу тањлили ѓазали «Бе њамагон ба сар шавад, бе ту басар на-мешавад» (1 соат); (Ѓазалњои иловагї барои омўзиш: «Имрўз шањри моро сад равнаќ асту љон аст», «Тавофи каъбаи дил кун, агар диле дорї», «Эй ќавми ба њаљрафта куљоед…», «Биё, то ќадри якдигар бидонем»). Табсира: Пеш аз шарњи ѓазалњо

омўзгор бояд дар бораи махсусия-ти ѓазали шоири ориф ва фарќи он аз ѓазалњои дигар шоирон, аз љумла Саъдї тафовути ѓазали Мавлоно аз диди ќофияву радиф, бештар ба кор рафтани радифњои хушоњангу дароз, суруру шодиву висол дар ѓазалњо, оњанги раќсии ѓазалњо ва истифодаи онњо дар раќси самоъи сўфиён ва мо-нанди инњо маълумот дињад.

«Маснавии маънавї» - (9 соат)Табсира: Омўзгор бояд сараввал

перомуни сохту таркиби маснавї: аз шаш дафтар иборат будани маснавї, илњоќї будани дафтари њафтум, оѓоз шудани њар як дафтар бо дебочаи кўтоњ ва пас аз он овардани бањсњои тарбиятї ва иршодї, бо роњи ќисса арзи матлаб кардани Мавлавї, аз маъхазњои гуногун гирд омадани ќиссањои маснавї, дар ин ќиссањо ифода ёфтани андешањои ирфонї, ахлоќї ва тарѓиби масъалањои дўстї, њамфикрї ва њамрайъии бай-ни инсонњо, ањамияти тарбиявии њикоятњо дар рушду камолоти инсон ва монанди инњо маълумот дињад. Достонњои интихобшуда (ба љуз аз

«Найнома») ба шакли наср, бо овар-дани порчањои муносиби шеърї аз матни достон ба хонандагон пешнињод мешаванд. Омўзгор њангоми шарњи достонњо

метавонад шакли фаъоли дарс- дар-си омехтаро ба кор барад, бо ишти-роки фаъоли хонандагон мубоњисаву суолу љавоб ташкил кунад, ровигию наттоќиро ба кор барад ва њатто дар асоси хикоятњои муайян театр-сањначањо танзим кунад.

«Найнома» - (2 соат): Пеш аз шарњи мафњуми луѓавию ирфонии «най» бояд маълумоти мухтасар перомуни љањонбинї ва эътиќоди орифон, алал-хусус Мавлоно дода шавад: мабдаъ ва холиќи њастї будани Худованд, ба ду навъ будани њастї: олами рўњонї ва олами моддї, дар мактабу мазњабњои фалсафию тасаввуфї ба номњои гуно-гун ёд шудани ин ду олам (олами амр ва олами халќ-мутакаллимон, олами метофизик ва физик ё олами моваро-уттабиа ва олами табиат-файласуфон, олами нур ва олами зулмот - ишроќиён ва ѓайра), вуљуди њаќиќии инсон-

БАРНОМАИ ТАЪЛИМИИ ФАННИ АДАБИЁТИ ТОЉИК БАРОИ СИНФИ IХСоати умумии људошуда тибќи наќшаи таълимї 102 соат

Page 6: Omuzgor #33 2013

№ 33 16-уми августи соли 20136 ОМЎЗГОР МУЊОКИМА

ро ташкил кардани «рўњ» ва партаве аз рўњи Худо будани он, дар олами рўњонї халќ шудани рўњи инсон, аз ватани аслї људо шудани ин рўњ ва вориди зиндони дунёи моддї гашта-ни он, сайри суудии рўњ барои раси-дан ба ватани аслї ва шарту шароити он: озодї аз ќайди нафс ва шањавоти нафсонї, дунёву тааллуќоти дунявї ва ѓайра, водињои њафтгонаи тариќат: та-лаб, ишќ, маърифат, истиѓно, тавњид, њайрат ва фано. Шарњу тафсири калимањои калидї: най- истиора аз ин-сони комил ё худи Мавлоно ба унво-ни инсони комил, найистон- истиора аз олами рўњонї, бадњолон-ашхоси нороњат, киноя аз дунёгароён, мод-дигароён, хушњолон –афроди шоду хурсанд, киноя аз маънигароён ва ањли маърифат, шарњу тавзењи њар як байт ва азёд фармудан. Табсира:Њангоми шарњи «Найно-

ма» омўзгор метавонад шакли фа-ъоли дарс- дарси омехтаро ба кор барад, бо иштироки фаъоли хонанда-гон мубоњисаву суолу љавоб ташкил кунад, ровигию наттоќиро ба кор ба-рад ва азёд намудани 18 байти аввал-ро, ки маќсуди шоири ориф дар онњо таљассум ёфтааст, аз њама хонандагон талаб кунад.

«Достони подшоњу канизак»- (2 соат): Мазмуни мухтасари достон, шарњу тавзењи калимоти истиоравї-ирфонии достон: Подшоњ-нафси нотиќа, рўњи поки илоњї аст, ки мехоњад ошиќ бошаду ба висоли маъшуќ ва ба камол расад; Канизак–рамзи нафси амора аст, ки баъд аз он ки подшоњ Заргар, яъне тааллуќоти онро бо рањномаи пири тариќат аз байн мебарад, , нафси амора таб-дил ба нафси мутмаина мешавад. Њаким (табиб)-рамзи пири тариќат ва муршиду рањнамост; Заргар - рам-зи тааллуќоти нафсониву дунявї аст, ки монеъи рушди нафси амора ба сўи мутмаина шудан мегардад.

«Достони баќќолу тўтї»- (1 соат): Мазмуни мухтасари достон, тавзењи тамсилї будани достон барои рад на-мудани маќулаи ќиёсу мухолифат бо он; шарњу тањлили байти «Кори по-конро ќиёс аз худ магир, Гарчи бошад дар навиштан шер шир», натиљагирї аз достон ва тавзењи андешањои ирфо-нии шоири ориф.

«Достони тўтиву бозаргон»- (2 соат): Мазмуни мухтасари достон ва тањлилу тафсири он, шарњу тавзењи калимоти истиоравї-ирфонии достон: Тўтї-рамз ва сунбули љону рўњи поки илоњї ва нафси нотиќа аст, ки аз ола-ми рўњонї фуруд омада, дар зиндони дунёи моддї ва ќафаси љисм гирифтор шудааст. То замоне ки мустаѓриќи тааллуќоту зоњири зебо ва фиребандаи ин дунёст ва њамчунин асири нафсу шањавоти нафсонї, аз љумла худнамо-ию худбинї ва худнигарист, мањбуси ќафасу зиндон аст. Агар бихоњад, ки дубора худро ба ватани аслии худ, яъне «найистон»-олами рўњонию Илоњї бирасонад, бояд худро аз ин њаёти зоњирї ва сифоти башарї бими-ронад ва бо ин марги иродї, ки дар воќеъ марг нест, балки оѓози камо-ли ўст, ба њаёти љовид бирасад. Ин амр танњо бо фанои сифоти башарию тааллуќоти моддию дунявї њосил ме-градад. Базаргон- мазњари инсонест, ки рўњи поки Илоњиро дорад, аммо худ намедонад ва саранљом бо рањнамої ва иршоди пири тариќат мефањмад, ки лозимаи озод кардани рўњ ва наф-си нотиќа рањої аз ќафаси љисм ва бениёзї аз тааллуќоти моддию фано кардани сифоти башарї, аз љумла худ-намоию худбинї аст, натиљагирї аз достон ва тавзењи андешањои ирфонии шоири ориф.

«Достони Пири чангї» (2 соат): Мазмуни мухтасари достон ва тањлилу тафсири он, шарњу тавзењи калимоти истиоравї-ирфонии до-

стон, натиљагирї аз достон ва тавзењи андешањои ирфонии шоири ориф. Иншо дар мавзўи рўзгор ва осо-

ри Мавлоно Љалолуддини Балхї- (2 соат). НАЗАРИЯИ АДАБИЁТ: Маъ-

лумот дар бораи маснавї (1 соат): маънои луѓавї ва истилоњии маснавї, тарзи ќофиябандии маснавї, навъњои маснавї: маснавињои ахлоќї, ирфонї, ќањрамонї, маълумоти мухтасар дар бораи пайдоиш ва сайри таърихии маснавї дар адабиёти форсу тољик, фарќи достон аз маснавї. Адабиёти тољик дар асри Х1У- (2

соат)Маълумоти мухтасар перомуни

вазъияти сиёсї, иљтимої ва адабии асри Х1У - (1 соат); Маълумоти мухтасар дар бораи

њаёт ва эљодиёти Хољуи Кирмонї ва Салмони Соваљї (1 соат). Табсира: Омўзгор бояд ба таври фи-

шурдаю ихчам перомуни вазъияти сиё-сию иљтимої ва адабии асри Х1У ва рўзгору осори ду намояндаи бузурги ин аср - Хољуи Кирмонї ва Салмони Соваљї маълумот дињад. Дар мавзўи дуюм метавонад шакли фаъоли дарс, дарс-семинар (амалї)ба кор барад ва омўзиши мавзўъро ќаблан ба хонан-дагон супориш дињад. Њини баёни мавзўъ аз тарафи хонандагон омўзгор ба њайси довар љавобњои онњоро ко-мил мегардонад.

Убайди Зоконї- (14 соат)Шарњи њол ва мероси адабиии Убай-

ди Зоконї- (1 соат)«Девон», маснавии «Ушшоќнома»,

манзумаи «Мушу гурба», рисолањо. Табсира: Аз он љо ки барои њар

як асар соати муайян људо шудааст, омўзгор баъд аз баёни шарњи њоли адиб ба таври фишурдаву ихчам дар бораи ќасида, ѓазал, ќитъа, рубої, тарљеъбанд ва таркиббандњои адиб, мазмуни ишќї ва муътаризо-ти њаљв дар онњо, мавзўю муњтаво ва хусусиятњои асосии осори насрии Убайд, мазмун ва мундариљаи идея-вии ин асарњо, мушаххасоти њаљви Убайд: сабку шеваи тоза, забони раво-ну сода ва таъсирбахшии тарзи ифода, тамоюлоти реалистї ва воќеї доштани њаљвиёти ў, диди танќидии адиб ба за-мони худ, хусусиятњои бадеии насри Убайд, маќоми Убайди Зоконї дар таърихи адабиёти форсу тољик маълу-мот дињад.

«Ахлоќул-ашроф» - (1 соат): Сохт ва таркиби асар, умќи андешањои њаљвии адиб, тавзењи «мазњаби ман-сух» ва «мазњаби мухтор», бозтоби воќеият дар симои «бузургон» ва «зи-ракон», масоили њикмат, шуљоат, иффат, адолат, саховат ва ахлоќи њамидаву разила дар асар. Рисолаи «Дањ фасл» («Таърифот»)

- (1 соат): Дар шаклии киноявии тарњи луѓот эљод шудани асар, мушоњидањои љолиби адиб дар рисола, њаљви табаќоти мухталифи мардуми замони муаллиф, танќиди ањли давлату сар-ват, шикоят аз хории ањли њунару илму адаб ва бадии рўзгори онњо, намунањо аз «Таърифот» ва шарњи онњо. Манзумаи «Мушу Гурба» - (1 соат):

Мазмун ва ѓояи асосї, маънои рамзї ва шакли воќеии њаљвии асар, дар симои муш ва гурба ифода ёфтани табаќоти мухталифи замони шоир. Табсира: Њангоми шарњу тањлили

панду андарзњои киноявї ва њикоёти њаљвии адиб омўзгор бояд њамонњоеро интихоб кунад, ки дар барнома оварда шудаанд. Ин панду андарз ва њикоятњо аз «Куллиёт»-и Убайди Зоконї (Тењрон, 1384, чопи чањорум, тасњењи Парвизи Атобакї)гирифта шуда, раќами тартибиашон риоя шу-даанд. Барои шарњу тавзењи тарљумаи њикоёти арабии рисолаи «Дилкушо» 3 соат ва барои њикоёти форсии рисола

4 соат људо шудааст. Омўзгор аз рўйи имкон ва салоњдиди худ метавонад барои њар як соати дарсї њикоятњоро интихоб кунад. Дар интихоби шакли машѓулият омўзгор мухтор аст. Рисолаи «Сад панд»- (1 соат): Сохт

ва таркиби рисола, љанбањои маљоз ва ѓайримаљоз дар баёни пандњои адиб, њаљв ва љид дар ин пандњо, шарњу тавзењи пандњои 1-Эй азизон, умр ѓанимат шумаред!, 2-Ваќт аз даст надињед!, 3-Айши имрўз бо фардо ма-яндозед!, 11-Тамаъ аз хайри касон би-бурред, то ба риши љањониён тавонед хандед!, 15-Баракати умр ва равшании чашму фарањи дил дар мушоњидаи рўйи некў шиносед!, 17- То тавонед. сухани њаќ магўед, то бар дилњо га-рон машавед ва мардум бесабаб аз шумо наранљанд!, 19- Сухани шайхо-ни зарроќи солус бовар макунед, то гумроњ нашавед ва ба дўзах маравед!, 43-Таому шароб танњо махуред, ки ин шеваи кори ќозиёну љуњудон бошад!, 49- Дар хонаи марде, ки ду зан ё беш-тар дорад, љамъият ва хушдилї мата-лабед! 78- Ростию инсоф ва мусулмонї аз бозориён маталабед!, 83-Њаљ маку-нед, то њирс бар мизољи шумо ѓалаба накунад ва беимону бемурувват на-гардед!, 99-Њазл хор мадоред ва дар њазолон ба чашми њаќорат мангаред!Рисолаи «Дилкушо»- (7 соат)Табсира: Ќабл шарњу тавзењи

њикоятњои асар омўзгор бояд ба шакли мухтасар дар бораи сохт ва муњтавои рисола, њикмат ва тамсилот, њикоёти љиддї ва њаљвии асар, маз-муни иљтимої ва њаљвї дар њикоя ва латифањо, ќањрамонњои њикоя ва латифањо, њаљву ришханди одамо-ни ноќобил, нодон, танбал, маккор, њаљви арбоби замон, хурофот, инъи-коси беадолатињои замон ва амсоли инњо дар рисола маълумот дињад.

Шарњу тавзењи тарљумаи форсии њикоёти арабї (3 соат): Њикояти 1- «Анушервон ва додхоњии марди кўтоњќомат»; њикояти 2 - «Аъробиеро гуфтанд…»; њикояти 27– «Ќос ќавми худро гуфт…»; њикояти 36-» Рўбоње араберо бигазид…»; њикояти 38 - «Асбе дар мусобиќа пешї гирифт…»; њикояти 48-»Абунувос масте бидид…»; њикояти 56- «Араберо гуфтанд…»; њикояти 81- «Зиштрўе дар оина ба чењраи худ менигарист…»; њикояти 82- «Арабе ба њаљ рафт…»; њикояти 91- «Марде назди Аёс бинни Муовия омад…»; њикояти 95-»Аъробиеро пур-сиданд…»; њикояти 116 «Рўзе Музаб-бад бар дари масљиде истода буд…». Шарњу тањлили мунтахаби њикоёти

форсї - (4 соат): Њикояти «Мањдии халифа дар шикоргоњ аз лашкар људо монд…»; њикояти «Шахсе ба мазо-ре расид…»; њикояти «Шахсе даъвии худої мекард…»; њикояти «Талњак дарозгўше чанд дошт…»; њикояти «Њуљї дар кўдакї чанд рўз музду-ри хайёте буд…»; њикояти «Падари Њуљї ду моњии бузург бад ў дод, ки бифурўшад…»; њикояти «Туфайлиро пурсиданд…»; њикояти «Ќазвинї бо сипари бузург ба љанги малоњида раф-та буд…»; њикояти «Ќазвиниро писар дар чоњ афтод…»; њикояти «Муаззине бонг мегуфт ва медавид…»; њикояти «Дари хонаи Њуљиро бидуздиданд…»; њикояти «Султон Мањмуд пири заифро дид…»; њикояти «Мавлоно Изуддин ноибе дошт…»; њикояти «Халаф ном њокиме дар Хуросон буд…»; њикояти «Шахсе аз Мавлоно Изуддин пур-сид…»; њикояти «Љамъе ќазвиниён ба љанги малоњида рафта буданд…»; њикояти «Кале аз њаммом берун омад…»; њикояти «Султон Мањмуд рўзе дар ѓазаб буд…»; њикояти «Розї ва Гелонї ва Ќазвинї бо њам ба њаљ раф-танд…»; њикояти «Мавлоно Саъдуд-дини Кирмонї сахт сиёњљурда буд…»; њикояти «Хољаи бадшакл ноиби бад-

шаклтаре аз худ дошт…»; њикояти «Падари Њуљї се моњии бирён ба хона бурд…»; њикояти «Масъуди раммол дар роњ…»; њикояти «Лўлие бо писари худ маљаро мекард…», њикояти «Шах-се даъвои нубувват кард…»; њикояти «Ќазвинї хар гум карда буд…»; њикояти «Љуњо дар дење расид ва гу-русна буд…»; њикояти «Мавлоно Ша-рофуддини Домѓонї бар дари масљиде мегузашт…»; њикояти «Дарвеше ба хонае расид…»; њикояти «Аъробие ба њаљ рафт…»; њикояти «Зане чашмони боѓоят хуш ва хуб дошт…»; њикояти «Ассасон шаб ба Ќазвинии маст ра-сиданд…»; њикояти «Ќазвиние таба-ре дошт…»; њикояти «Шахсе аз во-изе пурсид, ки…»; њикояти «Дењќоне дар Исфањон…»; њикояти «Хуросоние харе дар корвон гум кард…»; њикояти «Ќазвинї ангуштарї дар хона гум кард…»; њикояти «Њокими Нишо-бур Шамсуддини табибро гуфт…»; њикояти «Ќазвиниро дандон дард ме-кард…»; њикояти «Шахсе даъвии ну-бувват кард, пеши халифа бурданд…»; њикояти «Луракї дар маљлиси ваъз њозир шуд…»; њикояти «Хатиберо гуфтанд…»; њикояти «Туркмоне бо яке даъво дошт…»; њикояти «Ќазвинї тобистон аз Баѓдод омад…»; њикояти «Талњакро пурсиданд…»; њикояти «Ќазвинї бо камони бе тир…»; њикояти «Дузде дар шаб хонаи фаќире…»; њикояти «Зарифе мурѓи бирён дар суфраи бахиле дид…»; њикояти «Зани Талњак фарзанд зоид…»; њикояти «Ху-росониеро асб лоѓар буд…»; њикояти «Султон Мањмуд дар зимистони сахт…»; њикояти «Кафши Талњакро аз масљид дуздиданд…»; њикояти «Воизе бар сари минбар мегуфт…»; њикояти «Ќазвинї дар њолати назъ афтод…»; њикояти «Аз бањри рўзи ид Султон Мањмуд хилъат…»; њикояти «Њуљї дар ќањтсоле…»; њикояти «Хољае шайхеро ба мењмонї бурд…»; њикояти «Њорун ба Бањлул гуфт…»; нуктаи «Њакиме гуфта: Њушёр…»; њикояти «Воизе бар минбар мегуфт, ки њар кї номи Одам…»; њикояти «Шайтонро пурси-данд…»; њикояти «Яке аз Талњак пур-сид…»; њикояти «Љанозаеро бар роње мебурданд…»; њикояти «Иброњим ном девонае…»; њикояти «Нањвие дар киштї…»; њикояти «Аъробиеро пеши халифа бурданд…»; њикояти «Ќазвиние пеши табиб рафт…»; њикояти «Соњибдевон пањлавон Аваз-ро гуфт…»; њикояти «Дар он таърих, ки Абўалї Сино аз Њамадон мегу-рехт…»; њикояти «Рустоие модагове дошт…»; њикояти «Ќаландаре набз бар табиб дод…»; њикояти «Дарвеше ба дење расид…». Иншо дар мавзўи рўзгор ва осори

Убайди Зоконї – (2 соат). Дарвеш Носири Бухорої- (8 соат)Зиндагиномаи Носир ва мероси ада-

бии ў (1 соат):Носир - шоири дарвеши љањонгард,

сафарњои шоир, тањсилот, шеваи зиндагї ва иртиботаш бо шоњону ами-рони замон, вохўрињояш бо пирони тариќат, тариќат ва љањонбинии ори-фонаи шоир; Девони Носир: ќасоид, ѓазалиёт, таркиббанд, тарљеъбанд, мусамматњо, муќаттаот, рубоиёт, маснавињо, сабки сухани Носир. Ќироат ва шарњу тањлили ѓазалњои

«Эй чашми ту барњам зада њоли дили моро»- (1 соат); «Нигоро, дилбаро, чобуксаворо» ва «Шамъи Эрон гўямат ё моњи Турон хонамат»- (1 соат); «Гар силсила љунбонї гесуи парешонро» ва «Кофар чї гунањ карду мусалмон чї ибодат»- (1 соат); «Дар азал ќиблаи љонњо хами абруи ту буд»- (1 соат); «Њаргизам наќши ту аз лавњи дилу љон наравад» - (1 соат); . Иншо дар мавзўи рўзгор ва осори Но-

сири Бухорої- (2 соат). Њофизи Шерозї (12 соат)

Зиндагиномаи Њофиз - (1 соат): Ай-

БАРНОМАИ ТАЪЛИМИИ ФАННИ АДАБИЁТИ ТОЉИК БАРОИ СИНФИ IХСоати умумии људошуда тибќи наќшаи таълимї 102 соат

Page 7: Omuzgor #33 2013

№ 33 16-уми августи соли 2013 7ОМЎЗГОР

ёми љавонї ва тањсили Њофиз, давро-ни камолот, шуњрати шоирии Њофиз дар айёми зиндагиаш, муносибати Њофиз ба шоњону њокимони замо-наш, њаќиќат ва ё афсона будани ри-воёт перомуни зиндагии Њофиз.

Мероси адабии шоир- (1 соат): Девони Њофиз ва мавзўъњои асосии ашъори ў; инќилоби Њофиз дар ѓазал: мушаххасоти сабки шоир: созмони дохилии ѓазалиёти шоир, ду соњати маъної: дарунамаънї ва берунамаъ-нии шеъри Њофиз, ирфони Њофиз, Њофиз ва маслаки риндї, ормонњои иљтимоии шоир, тавзењи «мулки офи-ят», панду ахлоќ ва махсусияти он дар шеъри Њофиз, мазмун ва мундариљаи ѓоявии ѓазалиёти Њофиз, мањорати шоирї ва каломи сењрангези Њофиз дар эљоди ѓазал, шуњрати љањонии Њофиз. Ќироат ва шарњу тањлили ѓазалњои

«Ало, ё айюњассоќї, адир каъсан ва новилњо»- (1 соат); «Агар он турки Шерозї» - (1 соат); «Дар азал партави њуснат» - (1 соат); «Солњо дил тала-би љоми Љам аз мо мекард» - (1 соат); «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъ-он, ѓам махўр» - (1 соат); «Воизон, к-ин љилва бар мењробу минбар ме-кунанд» - (1 соат); «Зи кўи ёр меояд насими боди наврўзї»- (1 соат); «Биё, то гул барафшонему май дар соѓар ан-дозем» - (1 соат). Иншо дар мавзўи рўзгор ва осори

Њофизи Шерозї- (2 соат)НАЗАРИЯИ АДАБИЁТ: Маълу-

мот дар бораи ѓазал- (1 соат): Маъ-нои луѓавї ва истилоњии ѓазал, тарзи ќофиябандї ва миќдори абёти ѓазал, фарќи ѓазал аз дигар жанрњои ѓиної, маълумоти мухтасар дар бораи пайдо-иш ва ташаккулу такомули ѓазал дар адабиёти форсу тољик, бузургтарин шоирони ѓазалсарои адабиёти форсу тољик.

Камоли Хуљандї (8 соат)Њаёт ва эљодиёти Камоли Хуљандї- (1

соат): Девони Камол ва муњтавои он, мавзўоти ашъории шоир, мавзўъњои ишќу муњаббат, масъалањои иљтимої, панду андарз дар шеъри шоир, таъ-бироти мардумї ва зарбулмасалу маќолањо дар ѓазалиёти Камол, услуб ва хусусиятњои бадеии ѓазалиёти Камол. Ќироат ва шарњи ѓазалњои «Баъд аз

ин имрўз ошкоро дўст медорам туро» ва «Чашмат ба ѓамза кушт мани бегуноњро» - (1 соат); «Аз ту як соат људої хуш намеояд маро» ва «Дил му-кими кўи љонон асту ман ин љо ѓapиб» - (1 соат); «Љоно, ба љуз лабони ту оби њаёт нест» - (1 соат); «Ёр гуфт: Аз ѓайри мо пўшон назар, гуфтам: Ба чашм» - (1 соат); «Дўстон, марњамате бар дили бечораи ман» - (1 соат); . Иншо дар мавзўи рўзгор ва осори Ка-

моли Хуљандї- (2 соат). Адабиёти тољик дар асри XV (2

соат)Вазъи сиёсиву иљтимої дар асри XV-

(1 соат): Њокимияти Темуриён дар Моввароуннањру Хуросон, марказњои сиёсї ва ривољи њунармандї. Вазъия-ти илму њунар, илму фарњанг ва за-бони форсї-точикї, ривољи саноеи нафиса (мусиќї, наќќошї, хаттотї), улуми адабї, тазкирањо, китобњои шеършиносї, муаммо, наќди шеър ва китобњои таълимї. Вазъияти адабиёту њунар- (1 соат):

Марказњои адабї дар Моввароуннањру Хуросон, Озарбойљон ва Њинд, ривољи илму адабиёт дар Самарќанд ва Њирот, мактаби адабиии Љомї, дўстии Љомию Навої (устоду шогирд), маќоми Љомию Навої дар инкишофи адабиёти ин давра, хусусиятњои мактаби адабии Њирот, идомаи суннатњои гузаштаи адабї дар назму наср, навъњои шеър: ѓазал, маснавї, ќасида, мухаммас, тазмин ва пайравии шоирони гузаш-та. Маълумоти мухтасар дар бораи шоирон, муаррихон ва нависандаго-

ну донишмандони ин давра: Фаттоњии Нишопурї, Котибии Туршезї, Навой (Фонї), Њусайн Воизи Кошифї, Фахруддин Алии Сафї, Мирхонд, Хондамир, Давлатшоњи Самарќандї.

Абдуррањмони Љомї (16 соат)Зиндагиномаи Љомї ва мероси адабию

илмии ў- (1 соат): Саргузашти шоир, маълумоти умумї дар бораи «Њафт авранг»: сужа ва мавзўоти достонњо, чањор девони шоир ва сохту таркиби онњо, «Бањористон», «Нафањот -ул-унс», «Шарњи мулло», рисолањо. Ќироат ва шарњу тањлили абёти

мунтахаб аз ќасидаи «Љило-ур-рўњ»: «Муаллим кист?-Ишќу кунљи хомўши дабистонаш»- (1 соат); Ќироат ва шарњу тањлили ѓазалњои

«Эй дар ин кохи амонї ба ѓаму шодї банд»- (1 соат); «Дило, зи ќайди њарифони бехирад бигрез» - (1 соат); «Осудадило, њоли дили зор чї донї» ва «Мехиромад сўи бўстон шоњиди раънои гул» - (1 соат). Достони «Юсуф ва Зулайхо» - (1

соат): Заминањои пайдоиши сужаи до-стон, мазмун ва мундариљаи ѓоявии достон, тањлили наќшњои асосии до-стон: Юсуф, Зулайхо, Яъќуб, баро-дарони Юсуф, Азизи Миср, Юсуф- рамзи покї ва покдоманї ва дар ин роњ то охир устувор мондани ў, таъсири Юсуф ба Зулайхо ва дар ин роњи рост њидоят ёфтани ў, андешањои ирфонии шоир дар достон, дар достон нишон додани мењру муњаббат, садоќату вафодорї байни падару писар, дар симои ин наќшњо љамъбаст намудани ѓояњои олї: дўстї, њамдигарфањмї, њурмату эњтиром дар миёни падарону писа-рон.

«Бањористон» - (8 соат)Табсира: Аз он љо ки барои њар як

равзаи асар соати муайян људо шуда-аст, омўзгор бояд ба таври фишурдаву ихчам дар бораи мазмуну мундариљаи умумии равзањои «Бањористон», саба-би навишта шудани асар, муњтавои «Бањористон»: рўзгори орифон, пан-ду њикмат, сифати подшоњон, саховат, њазлу шухї, рўзгори шоирон ва њазлу мутоиба, тамсилот, њикояњои ахлоќї ва тамсилї дар «Бањористон» ва ањамияти илмиву адабии он, мавќеи латифањои халќї дар асар, услуб, воситањои тасвир ва ањамияти илмї, тарбиявї – бадеии «Бањористон» маъ-лумот дињад. Равзаи нахустин: Дар нашри раёњини

чида аз басотини дурбинони роњи њидоят ва садрнишинони боргоњи ви-лоят- (1 соат): Шарњу тавзењи њикмати дуюм: «Пири Њирот асњоби худро васият кардааст…»; шарњу тавзењи њикмати шашум: «Абўњошими Сўфї гуфтааст, ки кўњро ба нўги сўзан аз бех баркандан осонтар аст аз занги кибр аз дил бияфкандан…»; шарњи њикояти дувоздањум: «Шиблиро шўре афтод…» ва тавзењи њикмати «Дўстон аз дўстон нагурезанд ва аз санги љафояшон напарњезанд»; шарњу тавзењи њикмати нуздањум: «Абулњасани Фушанљї гуф-тааст, ки дар дунё њељ чиз нохуштар нест аз дўсте, ки дўстии вай аз ба-рои ѓаразе бошад ё авазе…»; шарњу тавзењи њикмати бисту сеюм: «Рўйям гуфтааст: «Љавонмардї он аст, ки…», шарњи ќитъаи «Љавонмардї ду чиз аст, э љавонмард…»; шарњу тавзењи њикмати бисту панљум «Шаќиќи Балхї гуфтааст: «Бипарњез аз суњбати тавон-гар…». Равзаи дувум: Дар таршењи шаќоиќи

даќоиќи њикам, ки ба рашањоти сањоби карам дар замини ќулуби њукамо ва аррозии хавотирашон хоста ва ба шарњу баёни он матовии дафотирашон ороста- (1 соат): Шарњу баёни њикояти якум «Искандари Румї дар овони љањонгардї…» ва тавзењи ќитъаи «Таъ-на бар ман мазан ба сурати зишт…»;

шарњу тавзењи њикмати панљум «Чањор калима аст, ки аз чањор подшоњ пар-дохтаанд…»; шарњу тавзењи њикмати ёздањум «Панљ чиз аст, ки ба њар кас, ки додаанд, зимоми зиндагии хуш дар дасти ў нињодаанд…»; шарњу тавзењи њикмати сездањум «Бузургмењрро пурсиданд, ки кадом подшоњ по-кизатар…»; шарњу тавзењи њикояти нуздањум «Дарвеши ќавињиммат ва подшоњи соњибшавкат…». Равзаи сеюм: Дар баёни шукуфта-

ни шукуфањои боѓистони њукумат ва иёлат, ки мутазаммими мевањои на-сафат ва адолат аст- (1 соат): Шарњу тавзењи «Фоида» ва ќитъаи «Адлу ин-соф дон, на куфру на дин…»; шарњу баёни њикояти дуюм «Бомдоде муба-ди мубадон бо Ќубод њамъинон ме-рафт…»; шарњу баёни њикояти шашум «Нўшервон рўзи Наврўз ё Мењргон маљлисе медошт…»; шарњу баёни њикояти дањум «Яздиљурд писари худ Бањромро дар мавзее дид…»; шарњу баёни њикояти шонздањум «Занеро аз љамоате, ки бар Њаљљољ хурўљ карда буданд, пеши вай оварданд…». Равзаи чањорум: Дар васфи мевабах-

шии дарахтони боѓистони људу карам ва шукуфарезиашон ба базли динору дирам- (1 соат): Шарњу тавзењи «Фои-да» ва њикояти «Љаводеро пурсиданд, ки…»; шарњи ќитъаи «Ќимати мард на ба симу зар аст…»; шарњу тавзењи њикояти њаштум «Иброњим бинни Су-лаймон бинни Абдумалики Марвон гўяд, ки…» ва ќитъаи «Љавонмардо, љавонмардї биёмўз…»; шарњу тавзењи њикояти нуњум «Шабе дар масљиди љомеъи Миср оташ афтод…» ва ќитъаи «Ба симу зар љавонмардї та-вон кард…»; шарњу тавзењи њикояти ёздањум «Њотамро пурсиданд, ки…». Равзаи панљум: Дар таќрири

риќќати булбулони чамани ишќу муњаббат ва њирќати боли парвонаго-ни анљумани шавќу муваддат- (1 соат): Шарњу тавзењи њикояти якум «Миёни ду хирадманд сухан аз ишќ мерафт…»; шарњу тавзењи њикояти панљум «Љавоне Салим аз сулолаи киром…»; шарњу тавзењи њикояти шашум: «Љавоне бо камоли адаб. Ба Аштар мулаќќаб…»; шарњу тавзењи њикояти њафтум «Ваќте Рашид ба Куфа расид…». Равзаи шашум: Дар вазидани наси-

ми мулотафот ва равоењи мутоябот, ки ѓунчаи лабњоро бихандонад ва шу-куфаи дилњоро бишукуфонад: Шарњу тавзењи мутоябаи дуюм «Халифа рўзе чошт мехўрду баррабирён…»; шарњу

тавзењи мутоябаи сеюм «Бањлулро гуфанд…»; шарњу тавзењи мутоябаи чањорум «Фозиле ба яке аз дўстони соњибрози худ нома менавишт…»; шарњу тавзењи мутоябаи шашум «Ма-сте аз хона берун омад…»; шарњу тавзењи мутоябаи њафтум «Љулоње дар хонаи донишманде вадиате нињод…»; шарњу тавзењи мутоябаи њаштум «Но-биное дар шаби торик чароѓе дар даст…»; шарњу тавзењи мутоябаи би-сту якум «Халифа бо аъробие аз моида таом мехўрд…»; шарњу тавзењи мутоя-баи бисту шашум «Гадое бар дари са-рое чизе хост…»; шарњу тавзењи мутоя-баи сию чорум «Шахсе дањ дирам бар Љўњї даъво кард…»; шарњу тавзењи мутоябаи сию чањорум «Ду шоир дар моидае љамъ омаданд…»; шарњу тавзењи мутоябаи сию њафтум «Шоире пеши табиб рафту гуфт…». Равзаи њафтум: Дар достони

мурѓони ќофиясанљи саробўстони суханварї ва тўтиёни ѓазалсарои шака-ристони назмгустарї- (1 соат): Шарњу тавзењи ќисмати «Рўдакї»; шарњу тавзењи ќисмати «Фирдавсї»; шарњу тавзењи ќисмати «Муиззї»; шарњу тавзењи ќисмати Зањири Форёбї; шарњу тавзењи ќисмати «Низомї»; шарњу тавзењи ќисмати «Шайх Саъ-дии Шерозї»; шарњу тавзењи ќисмати «Њофизи Шерозї», шарњу тавзењи ќисмати «Камоли Хуљандї». Равзаи њаштум: Дар њикояте чанд

аз забони ањволи безабонон, ки хи-радмандону нуктадонон амсоли он вазъ кардаанд, то ба љињати ѓаробату нудрат табиат бар он иќбол намояд ва бар вай абвоби фањми њикам ва масолењ бикушояд- (1 соат): Шарњу тавзењи њикояти аввал «Рўбоњ бо гурге дами мусодаќат мезад…»; шарњу тавзењи њикояти дуюм «Каждуме зањри музар-рат дар неш…»; шарњу тавзењи њикояти нуњум «Кабўтарро гуфтанд…»; шарњу тавзењи њикояти сездањум «Рўбоњбачае ба модари худ гуфт…»; шарњу тавзењи њикояти понздањум «Муреро диданд, ба зўрмандї камар баста…»; шарњу тавзењи њикояти шонздањум «Шутуре мањоркашон дар сањро мечарид…»; шарњу тавзењи њикояти нуздањум «Уштуре ва дарозгўше њамроњ мераф-танд…»; шарњу тавзењи њикояти би-стум «Товусе ва зоѓе бар сањни боѓе фароњам расиданд…»; шарњу тавзењи њикояти бисту якум «Рўбоње ба чан-ги кафторе гирифтор шуд…»; шарњу тавзењи њикояти бисту дуюм «Шаколе хурўсеро дар хоби сањар бигирифт…». Иншо дар мавзўи рўзгор ва осори

Абдуррањмони Љомї- (2 соат).

МУЊОКИМА

КИТОБИ НАВ

БАРНОМАИ ТАЪЛИМИИ ФАННИ АДАБИЁТИ ТОЉИК БАРОИ СИНФИ IХСоати умумии људошуда тибќи наќшаи таълимї 102 соат

Page 8: Omuzgor #33 2013

№ 33 16-уми августи соли 20138 ОМЎЗГОР ТАШАББУС СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЊАМКОРИЊО ДАР СОЊАИ ОБ

Модари рамузфањмам зуд ин хоњиши ўро иљро мекард ва падарам рўи суфача якпањлў зада, дурудароз ба оби љўйча менигарист, бо тамоми њастї ба шилдироси об гўш медод. Ва нињоят, чобук аз љой мехесту аз пайи кораш мешуд ва гўё аз он њама хастагию дарду ранљаш дигар осоре намемонд.Ман чизе намефањмидам аз

ин савдо. Модарам сари мани њайратзадаро сила карда ме-гуфт: - Об муъљиза аст, писа-рам. Он тамоми ѓаму ѓусса, дарду ранљи касро рафъ месо-зад. Одамро навозиш мекунад, таскин мебахшад. Наззораи оби равон ва шунидани «суруд»-и он ба кас як љањон лаззату њаловат эњдо мекунад…Ба ваљд меомадам ман аз ин су-

ханони модар ва ба лаби љўйбор нишаста, аз оби поку мусаффои он як-ду каф менўшидам, сару рўямро гаштаю баргашта тар мекардам ва њаловат мебурдам.Модарам мегуфт, ки мо хуш-

бахтему даргоњамон файзбор, аз он ки як љўй об шабу рўз аз њавлиамон мегузарад. «Об рўшноист, об манбаи файзу ба-ракат, об сарвати бебањост», - такрор ба такрор мегуфт мода-рам. Ва њамеша ману хоњараку додараконамро таъкид мекард, ки ба об њар гуна ифлосињоро наафканем, гирду атрофи љўйборамонро тоза нигоњ до-рем.Ба шарофати тафсиру

њидоятњои падару модарамон мо, фарзандон, нисбат ба об эњтирому эътиќод дар дил пай-до карда будем. Хоњаронам субњи барваќт сањни њавливу назди дарвозаамонро об зада мерўфтанд. Дар давоми рўзњои дарозу тафсони тобистон гаш-таю баргашта рўи њавлиро об мезаданд. Ва аз таъсири об бўи замин атрофро фаро мегирифт, гуворо буд ин бўй.Њар ќадар калон мешудем,

њамон ќадар таваљљуњамон, га-

равишамон, муњаббатамон ба об меафзуд. Боре дар мактаб му-аллими адабиётамон ба мо дар бораи шеъри «Омад канал» наќл кард. Шеъри устод Турсунзода буд он ва бо мисраи зер шуруъ мешуд: «Эй сабо, аз мо расон бар дўстон, омад канал!» Муал-лимамон ба таври басо муассир ба мо оид ба моњияти обу обёрї сухан гуфт ва таъкид кард, ки аз ин шеър љањоне шодию фарањ, нишоту шодмонї эњсос меша-вад ба муносибати он ки ба мавзеи биёбоносову ба даш-ти ташналабе об омадааст тавассути канал.

- Бузургтарин, пурсавоб-тарин кор ба ташнае об до-дан, ба замини хушкидае об овардан аст. Њељ суруре ба-робар ба шодмонии одамо-не буда наметавонад, ки ба бошишгоњашон, ба мазраи сўхтаашон об омадааст, - ин маъниро батакрор тафсир ба мо мебахшид муаллими ада-биётамон.Бо мурури замон ман дар

бораи об бисёр маќолаву њикояњо хондам, ривоятњо шунидам. Худ аз ин лињоз бисёр њодисаву воќеањоро ба мушоњида гирифтам, ќайдњо андар дафтари хотиротам намудам. Дарёфтам, ки чї сар-вати беназире будааст об ва њама чиз дар дунё иртибот ба об доштааст. Бењуда «об – манбаи њаёт» нагуфта будаанд. Об на-бошад, њаёт нест, бе об зиндагї бебаќост.Модарам мегуфт, ки њамин

об њаст, ки зиндагии моро њалол мекунад. Аз об аст то-загии љисмамон, либосамон, хўрокамон, хонадонамон, гирду атрофамон.Яке пиразани њамсоямон буд,

алораѓми табиати занон баѓоят камсухан. Дар зарурат гап ме-зад, фишурда њарф мегуфт, вале бамаънию муассир буд кало-маш. Ва ин пиразан, агар касе сахт меранљид, ба ин гуна дуояш мегуфту сазояш медод: - Илоњо, оби дари хонаат бихушкад ва ба як каф об зор бимонї!Ва агар касе маќбулаш шавад,

амали хайри нафареро бубинад, дуои нек мекард:

- Сабз шавї, сероб шавї, њалќат њељ гоњ нахушкад.Куњансолтарин марди

дењаамон бобои Муњиддин

њикоятњое фаровон аз лањзањои зиндагияш дошт, њама наќлашро бо њикмати «зиндагї – оби ра-вон» њусни оѓоз мебахшид.Ба дењаи мо њама њавас мекар-

данд, зеро серобу обшор буд он. Ва боз чашмањое фаровон дошт. Аз файзи оби фаровон буд да-стархони пури мардум. Дарах-тони зиёди пурсамар дошт дења ва мазраву талу теппањояш њама сабзу хуррам буданд.

- Њар чашма як чашми

пурмењри замин ба рўзгорони мост, - мегуфт холаи Латофат, ки њаводори сухани баобуранг буд. Ў илова ба суханаш ме-кард:

- То чашмањои дења њастанд, ризќу рўзии мо фаровон хоњад буд.Бо даъвати сарвари дења мо,

хурду калон, моње як-ду мароти-ба ба њашар баромада, ањлона гирду атрофи љўйборњову чаш-масори дењаамонро тоза мекар-дем.

- Обњоро, руду љўйбор ва чашмањоро пос бояд дошт, - гўшзад ба мо мекард сарвари дења. Ва дар фароварди њар њашар як каф дуои ў гўё «музди мењнат» ба њамагон буд: - Илоњо, умри об насибатон гардад!Муњимтарин нуктае, ки

ман дар марњилањои баъдии зиндагиям дарёфтам, он буд, ки мардуми тољик табиатан эњтирому эътиќод ба об доранд ва Тољикистони азиз аз серобта-рин кишварњои љањон аст.Ин ќадар шеъру ќиссаву

њикоя, маќолу њикмат, иборањои

рехтаву таъбирњои муъљазе, ки халќи тољик ва суханварони ин халќ дар ситоишу бузургдошт ва таърифу тавсифи об гуфтанд, шояд дар ягон халќу миллати дигар набошад. Ин ќањрамони њикоятњои тољикист, ки ба хо-тири мавзеи дилхоњеро обёрї кардан синаи кўњро мешикофад, љавонмарди дилсўзу босахои ривоятњои ин халќи шарафманд аст, ки барои ба ташнае об ра-сондан савораю пиёда чандин биёбону пуштаро паси сар меку-над. Оё манзарае бо он ки духта-

ри сарвќомату хушхилќати тољик кўза бар даст аз чаш-ма об меоварад, њамрангу њамсанг буда метавонад?!Барои мардуми тољик як

чашма монои бањри дамон асту ќитъае замин ба сони дашти бекарон, чунон ки шоири миллат бигўяд: «Зи шах омўхтї тамкин, субот – аз кўњсоронаш, Суруд – аз сабки дарёњо, фиѓон – аз обшоронаш. Куљое чашмае дидї, варо бањри дамон хондї, Куљо як пал замин дидї, чу дашти бе-карон хонї». Ва њамин шо-ири миллат – устод Лоиќ даъват аз њамагон меку-над, њушдор медињад: «Ба ќадри обњои љорї мебояд расид имрўз!»

Воќеан, ќадру ќимати об бо мурури замон њамвора меафзо-яд ва сари истифодаву сарфаи он гуфтугўи ањли љањон њар чї бештар вусъат меёбад. Ва дар ин вазъ Тољикистони азизи мо чун кишвари обшорон дар пањнои олам мавриди назар ва таваљљуњи вижа ќарор дорад. Мардуми њама атрофу акнофи сайёра њавас бар он доранд, ки косае аз оби софу беѓубор, поку мубаррои чаш-масорони Тољикистон нўши љон бикунанд. Аз се ду њиссаи обњои равони Осиёи Марказї аз кўњсорони тољик сарчашма мегиранд. Ба ин маънї, мо сар-чашмадорем, сарчашмадори са-ховатпеша. Кўњсорони сарсафеди Тољикистон ба гуна мўйсафеди нуронии соњибхирадеанд, ки ко-сае ба даст дораду бо камоли са-ховату њиммат ва бидуни ѓаразеву миннате ба њамагон - худию бего-на, њамсояву њамљавор, рањгузару мењмон ва ба њар касе, ки ниёз дорад, об медињад. Обдињї – са-воб. Касе, ки об медињад, файзу баракат меёбад, аз лутфи Худо-ванд бањраманд мегардад. Аз

ин мўйсафеди худодод сипосгу-зор бояд буд, дасташро бибояд бўсид, на талоши рабудан ё ши-кастани косаи дасти ў кард! Ама-ли нољавонмардонаст намакро хўрдану туф бар намакдон кар-дан. Оре, ин мўйсафед худодод аст ва бар худододагон ситезидан кори некфарљом набошад.Тољикистон. Ин сарзамини

нозанини кўњсору камзамин чї ќадар бузургу сарватманд аст! Пирамарде рўзгордида ва хирадандўхта дар дењаи мо ме-гуфт: - Хонае, ки аз дохили он љўйи об мегузарад, арзиш ва ќадру ќимати баланд дорад.Тољикистонро марз ба марз,

ќитъа ба ќитъа, ваљаб ба ваљаб љўйбору рўдбору дарёњо фаро гирифта. Ва рўдбору дарёњоро рагњои хунгарди замин гўянд. Љавонмарди пањлавону тавоноро бигўянд: «Ў саропо рагу пай аст». Ба ин маънї, Тољикистон басо та-вонманду неруманд бувад.Худ серобу шодоб аст

Тољикистон, валек њоли ташна-лабону обталабон, вазъи њалќи хушкидаю нињоли пажмурдаро нек медонад он. Аз ин рў, дар пањнои љањон пайваста садо дармедињад, ки обро оќилонаву сарфакорона истифода барем, ба ќадри оби тоза – волотарин неъмати табиат ва шарбати ин-соният бирасем ва дар ин самт ањлона, бо маслињату машва-рат тадбирљўї бикунем. Охир, њарчанд аз се ду њиссаи сайёраа-монро об фаро гирифта, танњо ќисмати басо ночизи он ширину нўшиданист.Талошњои Садри Аъзами

Ватани тољикон дар ин љода самар меоваранду пайи сарфаю истифодаи оќилонаи об дар са-росари љањон гуфтугўйњо вусъат меёбанд…

«Оби равон – роњати љон», «Обу ободї», «Об дорї – обрў дорї», - ин њама њикматњои без-аволи тољиконанд. Мегўянд, ки оби равон суруд мехонад. Оре, суруд мехонанд рудбору дарёњои Тољикистон; суруди бахту сао-дат, мењру муњаббат, дўстиву рафоќат ва хайру саховат. Рўњнавозу дилситон ва якмаро-му љавидон аст суруди онњо. Ва мо, фарзандони садоќатманду тољбарсари Тољикистон, ифти-хор аз ин суруди љовидонї до-рему сарбаландона замзама ме-кунем:Сабз аз оби равон њар чор

сўят, кишварам,Оби ту афзун намояд

обрўят, кишварам!

Абдурауф МУРОДЇ, «Омўзгор»

ЊАМОСАИ ОББиболид кўњ, обњо бардамид,Сари рустанї сўи боло кашид.

Фирдавсї

Шоири мањбуб Бозор Собир дар «Тољикистон» ном шеъраш гуфтааст:Њар куљое об дидам, Ќатрае хўрдам агар, Ман гирифтам ќатрае дар чашм, То кунам Вахшу Зарафшони туро як

ќатра бисёр. Устод Муъмин Ќаноат дар «Сурўши

Сталинград» («Сурўши Замин») гуфтаанд:Дињедам косаи обе, Ки бе хуни љигар бошад, … Ки ман лабташнаам, ташна!Инсон аз рўзи нахустини ба дунё омада-

наш ба об эњтиёљи калон дорад ва то заво-

ли умраш бо об сари кор мегирад. Бисёрињо дар об хасу хошок,

пасмондањои хўрок ва њар гуна ифлосињоро мепартоянд. Онњо андеша надоранд, ки шояд каси дигар аз ин об истифода меба-рад. Пас, чаро ахлотро ба он меафканем? Шоир барои ин гунањо хуб фармудааст:Зи љўйе, ки хўрдї аз он оби пок, Нашояд фикандан дар он сангу хок. Об барои хољагии халќ низ ањамияти

калон дорад. Њама медонанд, ки ќувваи барќ аз об њосил мешавад. (Нависанда М. Хољазод романи хешро ба таври рамзї «Об – рўшної» номидаанд). Чандин корхонањои истењсолї аз об ба таври фаровон истифо-да мебаранд. Дар соњаи дорусозї низ об наќши муњим дорад. Об яке аз чор унсури олам аст. Файла-

суфи Юнони Ќадим Фалес обро низ чун хоку боду оташ мабдаи олам номидааст. Табиатро бе об тасаввур намудан муњол аст. Мирзо Абдулќодири Бедил низ асари худ «Чор унсур» - ро ба ин унсурњо бахши-дааст. Арасту нахустин мутафаккирест, ки оид

ба диалектикаи њастї «Њодисоти табиат реалї мебошад» - ро тасдиќ кардааст. Чу-нон ки Хайём мегўяд: Аз оташу боду обу хокем њама, Дар олами њастї дар њалокем њама. То тан бо мост, дар маѓокем њама, Чун тан биравад, равони хокем њама. Дар шароити кунунї масъалаи асосї

ТОЗАГИИ МУЊИТИ ЗИСТ – ЭКОЛО-ГИЯ истодааст. Яке аз вазифањои кор-мандони ин соња тоза нигоњ доштани об, бахусус, оби ошомиданист. Аммо сабабњои пайдоиши касалињоро дар паст будани вазъи иќтисодї ва маишии ањолї, ба тала-бот љавоб надодани сифати оби нўшокї, паст будани вазъи МУЊИТИ ЭКОЛОГЇ медонанд. Обњои дарёву рўдхонањоямон низ њолати ногувор доранд. Баъзењо чунон бо такаббур, худписанд ва беинсоф шуда-анд, ки чизе рост ояд, ба об мепартоянд. Бояд гуфт, ки солњои охир оби дарёњои

Вахш, Кофарнињон, Панљ кам мешаванд.

Махсусан, ин њолат соли 2000 – ум дар обанбори Норак бараъло ба назар расид, зеро ки дар он сатњи об зиёда аз дањ метр паст шуд. Тадќиќотчиён исбот кардаанд, ки ин њодиса аз сабаби камшавии боришо-ту масоњати барфи пиряхњо ва пастшавии сатњи обњои зеризаминї ба амал меояд.Илм дар бораи замин исбот кардааст, ки

сайёраи мо тахминан чор миллиарду шасту панљ миллион сол пеш ба вуљуд омадааст.Имрўзњо љинсњое ёфт шудаанд, ки син-

нашон ба се миллиарду њашт миллион сол пеш баробар аст. Аз ин маълум, ки ги-дросфераи ибтидої бо оби моеъ бояд чор миллиард сол пеш падид омада бошад. Њамаи ин ба давраи яхбандї фосилаи нис-батан дуру дарози таърихи геологии замин алоќаманд аст, ки дар муддати он хушкї борњо зери ќабати ѓафси яхњо мондааст. Давраи яхбандї чанд бор ба даврањои нисбатан гармтар иваз шудааст, ки дар он даврањо ќисми зиёди яхњо об шудаанд. Пас,

БА ОЗМУНИ «ТАМАДДУН ВА МУЊИТИ ЗИСТ АЗ ОТАШУ БОДУ

Шоири мањбуб Бозор Собир дар

ли

памешораШ

каба

Page 9: Omuzgor #33 2013

№ 33 16-уми августи соли 2013 9ОМЎЗГОР ТАМАДДУН САМТЊОИ ТАРБИЯ

Айни замон дар мамлакати мо масъа-лаи љавонон ва сиёсати давлатии љавонон дар ќатори масъалањои стратегии давлатї ва амнияти миллии кишвар маќоми хоса пайдо намудааст. Ин амал аз ѓамхорї ва таваљљуњи махсуси маќомоти роњбарии мамлакат дарак медињад.Президенти мамлакат љавононро дар

љомеа ќувваи бузург мењисобанд.Љавонон аз љониби Сарвари давлат

њамчун идомадињандаи таъриху фарњанги ќадимаи миллат, сарчашмаи ташаббусњои бузург, парчамбардорони миллат ва бунёд-корони ояндаи љомеа арзёбї мешаванд. Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бо-

раи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба дўши волидон масъу-лияти баланди тарбияи фарзандро вомегу-зорад.Албатта, давлату њукумат ба иљрои

ќонунњо назорат ва роњнамої меку-нанд. Вале дар таълиму тарбияи фарзанд ќонунњои нонавиштаи њаётї, эњсосу дарки масъулият наќши асосї мебозанд.Њар як падару модар соњиби аќлу за-

коват ва дорои фањмиши хоси тарбия ме-бошанд. Асоси тарбияро мењр ва навозиш ташкил медињад.Њар як кўдак аз овони тифлї олами

атрофашро дарк намуда, ба сухан ва раф-тори волидону пайвандон пайравї меку-над. Аз овони кўдакї дарки хештаншиносї дар нињоди наврас тавлид меёбад. Обрў ва шахсияти волидон аввалин њисси ифтихор-мандии фарзанд аст.Борњо кўдакон байни худ оид ба шахси-

яти волидонашон бањс мекунанду мехоњанд падару модарони онњо аз дигарон бењтар бошанд. Калимањои модар, падар, оила, Ватан, кишвар аз овони наврасї дар забон, ќалб ва шуури эшон њамчун муќаддасот наќши худро мегузоранд. Ифтихор аз во-лидон, оила - оѓози фањмиш дар бораи хештаншиносии онњо мебошад. Дар тар-бияи фарзанд – дар рўњияи ватандустї яке аз самтњои муњимтарини тарбия ба њисоб меравад. Муњаббат ба Ватани худ, ба таъ-

рихи гузашта, маданият, табиати он омили муњими худшиносист.Таърихомўзї аз наќли афсонаву

ривоятњо оѓоз гардида, мувофиќи синну сол он ба ривояту наќлњои таърихї му-баддал мегардад. Хуб мебуд, агар аз осто-наи муассисањои томактабї сар карда, машѓулиятњои таърихомўзи бо оддитарин наќлњо дар бораи мањал, шањр, вилоят ва љумњурї оѓоз мешуд.Љавонон аз овони наврасї бояд тамоми

расму оин, анъанањои аљдодиро омўзанд, донанд ва онро дар оянда эњё кунанд. Аввалин экскурсияњо ба хориљ аз

кўдакистон ва мактаб дар дили насли на-врас нахустин шўълаи мењрро нисбат ба Ватан ва зодгоњ бедор месозанд.Яке аз маќсадњои асосии тарбия мадани-

ятнокии насли наврас ва љавонон (умуман, инсон) мебошад.Чун мегўем, ки инсон бояд аз овони

тифлї (њатто дар батни модар) аз тарбия бархурдор бошад, пас эшон маданиятро низ бояд аз оила ва волидон омўзанд. Эњтиром яке аз хислати асосии онон бояд бошад.Мо бояд њисси эњтиромро дар нињоди

кўдакон нисбат ба волидон, додару хоњар, дўстон ва њатто, ба њайвоноти хонагиву бозичањо парвариш дињем.

- Ваќте Наргис зочаашро дўст медораду модараш бо ќањр зочаро аз духтараш дур сохта, аввал хўрок хўрданашро даѓалона талаб мекунад, Наргис нисбат ба мода-раш њисси бадбинї пайдо мекунад. Њол он ки модари «боандеша» бояд гўяд, ки «Наргисљон, биё аввал ба зочаат хўрок медињем, баъд худат бояд хўрок хурї». Он гоњ Наргис нисбат ба модар эњтиромаш дучанд хоњад шуд. Дар њисси кўдак мењрро даѓалона поймол набояд кард. Мутаассифона, имрўз фарзандон -

љавонон дар бораи гузаштаи худ маълумо-ти кофї надоранд. Корнамоии гузаштагон дар китоби оилавї бояд ќайд гардад. Ма-данияти сухан, муомила, муносибат дар љои љамъиятї ва ѓайра ин њамон тарбияи доимии њам волидон ва њам мактабу ањли љамоатчигиро талаб мекунад.Чун љавоне соњиби маданият бошад,

беибо ў соњиби дониш низ шуда метавонад. Донистани гузаштаи худ, яъне аљдодони мо ба љавонон намунаи ибрат хоњад шуд.Ваќте ки омузгори таърих будам, дар

байни хонандагон навиштани пурсишно-маеро дар мавзўи «Ќањрамони дўстдоштаи ман» ташкил намудам. Аксари хонандагон дар он ќайд намуданд, ки мехоњанд чун ќањрамони интихобкардаашон номдор бошанд. Љамшед навиштааст: «Мехоњам Президент бошаму ба монанди Эмомалї Рањмон ба халќ хизмат кунам. Кош, ба мо-нанди он кас моро низ тамоми халќ дўст дорад». Карим менависад: «Чашмамро мепўшам, ана ман ба монанди Темурмалик дар киштї халќамро аз душман муњофизат мекунам».Нигина менависад: «Ман Томирисро

дўст медорам ва мехоњам монанди ў дух-тари љасуру нотарс бошам». Њамин тавр, донистани таърихи кишвар барои љавонон муфид мебошад. Яке аз самтњои асосии фа-ъолияти осорхонавї низ кор бо љавонон ва насли наврас ба њисоб меравад. Дар замони муосир осорхона натанњо дар нигоњдории маъхазу ёдгорињо вазифадор аст, балки бо ин восита сањми худро дар тарбияи эстети-киву ватандўстии тамошобинон мегузаро-над.Осорхона маркази маданї-маърифатї

буда, донишгоњи асосии баланд бардошта-ни савияи дониш ва љањонбинии љавонон низ ба њисоб меравад.Дар назди Шўрои илмии њар як осор-

хона бахши «Педагогикаи осорхонавї» мављуд бояд бошад ва амал кунад.Гузаронидани як ќатор чорабинињои

тарбиявї: экскурсия ба толорњо, вохўрињо бахшида ба љашнњои миллї ва таърихї, хонишњои илмї, мањфилњои таърихї, клубњои мубоњисаву вохўрї бо шахсиятњои гуногункасб, бозињои таърихї, шаби саво-лу љавоб бо лањзањои мусиќї ва ѓайра дар нињоди љавонон шавќу завќи омўзиши таъ-рихро бедор месозад.Ба барномаи педагогикаи осорхонавї

- маълумотдињї, омўзиш, пайдоиш ва ривољёбии мањорати эљодї, воситањои љалби љавонон ва наврасон ба осорхона (клуб, чорабинињо, вохўрињо, экскурсияњо), истироњат дар осорхона (рўзњои дарњои ку-шод, базми њунармандон, рўзи археологњои љавон, рўзњои музейњои мактабї, базми солинавї дар осорхона) ва ѓайра дохил ме-шаванд. Дар назди осорхонањо бояд марка-зи маданї-фарњангї амал кунад ва он беш-тар љавонону мактабиёнро дар бар гирад. Педагогикаи осорхонавї њанўз дар

асри XX дар Олмон ба миён омада буд. Ин намуди таълим бо номи асосгузоронаш А.Лихтварк, А.Рейхвен ва Г.Фройденттал алоќаманд аст.Осорхона китоби бузурги таърихи инсо-

ният мебошад. Њифзи ёдгорињои безаволи гузаштагонамон, ки он њастиву бузургии миллатамонро собит месозад, вазифаи њар яки мост. Тамоми арзишњои волои модди-ву маънавии халќи тољик дар осорхонањо мањфузанд. Аз ин љост, ки Сарвари давлат, Эмомалї Рањмон дар маросими ифтитоњи Осорхонаи миллї ќайд намуданд: «Осор-хона оинаи пурљилоест, ки њаёт ва таъ-рихи халќ, пирўзињо ва нокомињои он, дастовардњои илму фарњанг ва сарнавишти фарзандони номдору ифтихорманди мил-латро инъикос мекунад».Мо ба фарзандонамон бояд талќин

кунем, ки таърихи халќу Ватанамонро пайваста омўзанд. Оё мо - падару мода-рон ба фарзандамон оид ба таърихи киш-вар ва корнамоии ќањрамонони миллат наќлу ривоятњо мекунем? Танњо ба таъли-ми омўзгорон ќаноатманд шудан лозим нест. Ањён-ањён шахсоне њастанд, ки ба фарзандону наберагон аз гузашта наќл мекунанд. Шоњасари безаволи Бобољон

Ѓафуров «Тољикон»-ро бояд њар як тољику тољикистонї хонаду омўзад.Наслњои оянда бояд аз корномаю

ќањрамонињои фарзандони шуљои миллат чун Спитамен, Муќаннаъ, Сумбоди Муѓ, Деваштич, Исмоили Сомонї, Темурма-лик, Восеъ, Садриддин Айнї, Шириншо Шоњтемур, Мирзо Турсунзода, Бобољон Ѓафуров ва дигарон нек огањ бошанд, иф-тихор кунанд ва аз онњо сабаќи бузурги ватандўстиву ватанпарастї омўзанд. Сарвари давлати тољикон Эмомалї

Рањмон дар вохўрї бо зиёиён (соли 2013) ќайд намуданд: «Фаромўш набояд кард, ки пешрафти устувори миллат ва љомеа дар љањони муосир, ќабл аз њама ба ифтихори баланди милливу ватандорї, худшиносиву худогоњии афроди он ва садоќату муњаббати фарзандонаш ба ин сарзамини аљдоди во-баста мебошад. Аз ин рў, масъалаи баланд бардоштани сатњи маърифатии сиёсиву њуќуќї ва худшиносиву худогоњии насли љавонон аз љумлаи самтњои муњимтарини рушди давлатдории миллии мо ба њисоб меравад».Њар як миллатро тавассути фарњангаш

мешиносанду эњтиром мекунанд. Тољикистон бо таърихи пурѓановати худ, осори гаронбањои моддиву маънавї ва ёдгорињои оламшумули маданиаш дар бай-ни ќавму миллатњои љањони муосир мавќеи хосаро касб кардааст, ки ин боиси ифтихо-ри мо - тољикон мебошад.Маљмўи осори гаронбањои фарњангиву ма-

дании халќамон, ки тавассути љамъоварї ва њафриётњои бостоншиносї дарёфт шудаанд, дар осорхонањои хурду бузурги кишварамон ва хориљ аз он њифзу нигоњдорї мешаванд. Имрўз осорхонањои Тољикистон њамчун ма-кони зиндаи таърих, оинаи тамомнамои осо-ри бозмондаи ниёгон дари худро ба рўи мар-дум боз намуда, тайи солњои мутамоддї ин рисолати таърихии худро садоќатмандона ба анљом мерасонанд.Осорхонаи љумњуриявии таърихию

кишваршиносии ба номи Абўабдуллоњи Рўдакии шањри Панљакент дар тўли фа-ъолияти беш аз 50-солаи худ натанњо дар миќёси љумњурї, балки хориљ аз он низ шўњрати беамсол касб кардааст. Осорхо-на аз охири солњои 50-уми ќарни XX ба фаъолият шуруъ карда, љињати муарри-фии таърихи тољикон, тањќиќу омўзиши арзишњои миллї ва ба маърази тамошо гузоштани осори мадании гузаштаву муо-сири халќамон сањми арзанда дорад.Боиси ќаноатмандист, ки имрўзњо садњо

тамошобинон, аз љумла љавонон аз осори гаронбањои таърих дидан мекунанд, ки ин, албатта, ба тарбияи хештаншносию ватандўстї ва ифтихори миллии онњо бе-таъсир намемонад.

Фотима РОФИЕВА, директори осорхонаи

љумњуриявии таърихию кишваршиносии ба номи

Абўабдуллоњи Рўдакии шањри Панљакент

Наќши осорхона дар тарбияи љавонон

об чист? Об дар табиат яке аз моддањои кимиёвї ва физикии мураккабтарин буда, одатан пайвастшавии ду њаљми њидроген ва як њаљми оксигенро дар бар мегирад ва бо формулаи Н20 низ ифода карда мешавад. Илова бар ин, гуногунии падидањои

табиат ва ашёро ба нахустмояи ягона – об нисбат медињанд. Ин назарияро шоир, та-биатшинос ва мутафаккири Олмон Иоњан Волфганг Гёте чунин тасвир кардааст:Тамоми њастиро сарчашма об аст, Нигањдору њама созанда об аст. Пайдоиши инсонро мутафаккири

тољику форс Њаким Умари Хайём чунин тасвир кардааст: Обе будем, дар камар бинњода,Аз оташи шањвате бурун афтода. Фардост, ки боз хоки моро бубаранд, Хуш мегузарон ин ду нафас бо бодаАлњол метавонем бигўем, ки мо мерос

дорем, онњо хеле гуногунанду бебањо. Хи-раду кирдори нек ба мардум њамеша аз љониби фиристодагони Худованд ато ме-

шуд. Оид ба ин устод Рўдакї дар «Калила ва Димна» чунин баён намудааст:Мардумони бихрад андар њар замон,Роњи донишро ба њар гуна забонГирд карданду гиромї доштанд, То ба санг андар њаме бингоштанд. Мувофиќи маълумоти Созмони љањонии

тандурустї имрўз ќариб сад њазор намуди химикатњо дар бозори љањонї ба фурўш ба-роварда мешавад. Њамчунин, њар сол зиёда аз ду њазор намуди нави маводи кимиёвї ба он илова мегардад. Ин ба МУЊИТИ ЗИСТ бетаъсир намемонад. Њоло аз истеъ-моли оби ифлос сеяки ањолии љањон гириф-тори њар гуна беморињо гаштаанд. Бино ба маълумоти Созмони байналмилалии тандурустї њар 8 сония дар љањон кўдаке аз беморињои вобаста ба истеъмоли оби иф-лос мефавтад. Њамин тавр, микробњои за-раровари дар об мањфузбуда соле 25 мил-лион касро нобуд месозанд. Њаминро њам бояд ёдовар шуд, ки

Љумњурии Тољикистон аз захирањои об

нињоят бой буда, ќариб њазор адад дарёи хурду бузург дорад. Дарёњо шохобњои би-сёр дошта, оби онњо аз баландї ба пастї љорї мешаванд. Агар шохобњо набошанд (дарё дар поёнобаш ифлос мешавад), дарё арзи вуљуд намекунад, яъне ба гуфтаи шоир:Ќатра дарёст, агар бо дарёст,В – арна ў ќатраву дарё дарёст. Доштани захирањои бузурги об ба мо

имкон ё њуќуќ намедињанд, ки исрофи онро ба ифрот расонем. Захирањои об заминаи пешрафти иљтимої, иќтисодианд ва тањияи принсипњои нави пешбурди хољагии об дар љумњурї ва минтаќа ногузир аст. Аксари дарёњои мамолики љањон ва аз он љумла, Љумњурии Тољикистон низ аз кўњњои баланд љорї шуда, сарчашмањои онњо пиряхњо, барфу боронњо, чашмањо, обњои зеризаминї мебошанд. Обњои љумњурии мо њазорњо гектар заминњои ташналаби ноњияю вилоятњою минтаќањои Осиёи Марказиро шодоб мегардонанд. Лекин њар кас ба таври худ обёрї мекунад, ки ин хи-лофи наќшаи истифодаи об мебошад. Азхуд намудани заминњои бекорхобида

бунёди шањру корхонањои нави саноатї

талабот ба обро сол то сол зиёд мекунад. Бинобар ин, муњофизати об ва истифодаи сарфакоронаи он яке аз масъалањои љиддї ба шумор меравад, зеро солњои охир иф-лосшавии њавзњо, обанборњо, дарёњо, љўйњо назар ба солњои пештар хеле зиёд шудааст. Мутаассифона, корхонањои хурди

саноатї ва фермањое, ки дар соњили дарёњо воќеанд, иншооти обсофкунї надоранд ва агар дошта бошанд њам, ба талабот пурра љавоб дода наметавонанд.

Аз ин рў, эълон доштани соли 2013 Соли њамкорињо дар соњаи об ва минбаъд идома ёфтани он то соли 2015, ки аз та-рафи СММ бо пешнињоди Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон пазируфта шуд, айни муддаост. Ин пади-даи нек имкон медињад, ки мо ба ќадри об, бахусус, оби тоза бирасем. Охир, њама медонанд, ки бе об на барои махлуќот ва на барои наботот њаёт нест, пас месазад, ки онро бояд чун гавњараки чашм нигоњ дорему эњтиёт кунем ва ба ќадри њар ќатрааш бирасем.

Њотами ЊОМИД, «Омўзгор»

ОБУ ХОКЕМ ЊАМА

ОИНАИ ТАМОМНАМОИ ТАЪРИХ

Page 10: Omuzgor #33 2013

№ 33 16-уми августи соли 201310 ОМЎЗГОР ПАЖЎЊИШ ТАЊЌИЌ

Тавре маълум аст, аввалин асаре, ки ба назарияи адабиёт бахшида шудааст, «Тарљумон-ул-балоѓа»-и Муњаммад бини Умари Родиёнї мебошад. Мин-баъд ба ин асари ў муаллифони зиёд пайравї намудаанд. Њарчанд доир ба љињатњои

назарии назарияи адабиёт оли-мони тољик – Х.Мирзозода, Р.Њодизода, Н.Маъсумї, Ю.Бобоев, С.Давронов, Т.Зењнї, Р.Мусулмонќулов, С.Наимбоев, Ш.Рањмонов, У.Тоиров, Х.Шарифов ва ди-гарон тадќиќот бурда бошанд њам, рољеъ ба љињатњои ме-тодии он, бидуни маќолањои људогона, рисолањои илмї ба миён наомадаанд.Хушбахтона, чанде пеш на-

шриёти «Бухоро» китоби яке аз

олимони сермањсули љумњурї, номзади илмњои филология Мирзоди Маонї (Тўйчї Ми-ров) – «Асосњои илмї ва амалии таълими назарияи адабиёт»-ро дар њаљми 278 сањифа аз нашр баровард, ки ба њалли масъа-лаи марбута вобастагии ќавї дорад. Китоб аз муќаддима, 2

ќисм ва хулоса иборат мебо-шад. Он, асосан, ду масъалаи ба њам алоќамандро фаро ги-рифтааст. Ќисми аввали кор характери назариявї дошта, дар он низоми ташаккул ва тањаввули љанбањои назарию амалии назарияи адабиёт дар асрњои Х-ХХ, сабки омўзиши назарияи адабиёт ва усули таълими назарияи адабиёт дар асрњои пешин (Х-ХХ) мав-риди тањќиќ ќарор гирифта-аст. Аз љумла, муаллиф рољеъ ба татаббуъ ва назирагўйї – воситаи муњими таъли-ми назарияи адабиёт ибро-зи назар намуда, дар хусуси методњои таълим менигорад: «Методњои суњбат, мушоњида, аёният, пайдарњамї, илми-

ят, проблемавї, муќоисавї, тадќиќотї, дедуксияю ин-дуксия ва амсоли ин вуљуд дошт ва омўзгорон, дониш-мандон њангоми баррасии мавзўъњои назарияи адабиёт аз рўйи методњои фавќуззикр ба шогирдон таълим медо-данд. Масалан, назирагўйї ё љавобия ба ягон асар (ѓазал,

рубої ё жанри дигар)-ро би-гирем. Мувофиќи талаботи муќарраршуда љавобия дар вазн, ќофия ва мазмун бояд ба асаре, ки татаббуъ кардааст, монанд ё њамсанг бошад. Пас аз адои ин кор љавобияњо бо њам муќоиса карда мешуданд, тавонистан ё натавонистани шоири назирасароро доварон ё мунаќќидон ё њамкасбон, ки ин ќонунњоро хуб медони-станд, муайян менамуданд, бањо медоданд». Дар ќисми дуюм тан-

зим ва принсипњои таълими масъалањои назариявї дар курси хониши адабї (синфњои V-VIII), инкишоф додани љањонбинї ва маънавиёти хо-нандагон дар раванди омўзиши

масъалањои назариявї, омўзиши жанру намудњои ли-рика ва асарњои њамосї – омили ташаккулдињандаи тафаккури хонандагон, тањаввул ва инки-шоф, омўзиши сабку методњои адабї ва аёният – воситаи муњими дарки мафњумњои на-зарияи адабиёт мавзўъњои бањс ќарор гирифта, њалли худро ёф-

таанд. Тањти мавзўи «Тањаввул,

инкишоф ва омўзиши сабку методњои адабї» муаллиф дар бораи сабкњои адабї (сабки хуросонї, сабки ироќї, саб-ки њиндї) ва методњои адабї (методи романтизм, реализми танќидї) маълумот дода, доир ба таълими онњо дар мактабњои тањсилоти миёнаи умумї фикрњои љолиб пешнињод ме-намояд. Чунончи, ў боби «Саб-ки њиндї»-ро тањлил намуда, менависад: «Шеъри шоирони сабки њиндї аз лињози забон сода буда, калимаю иборањо, таркибњо оммафањманд. Хо-нанда калимаю иборањоро дарк мекунад. Вале маънї пўшида, душвор аст. Аз ин рў, дар дарк

кардани мазмун, ѓояи асар душворї мекашад». Наќшаву љадвалњои зиё-

ди мавзўи «Аёният – воситаи муњими дарки мафњумњои на-зарияи адабиёт» бошанд, њусну ќубњи китобро афзудаанд.Дар нињояти кор муњаќќиќ

ба хулосаи амиќ меояд: «Озмоиш нишон дод, ки омўзгорон њангоми њаллу фас-ли масъалањои назариявї ба адабиёти илмї, яъне асарњои адабиётшиносони пешин ва осори тадќиќотии муосир кам истифода мебаранд. Аксария-ти омўзгорон бо сарчашмањо шинос нестанд. Аз ин хо-тир онњо аз доираи китоби дарсї берун намебароянд, ки маърифатнокї, донишомўзии толибилмон инкишоф на-меёбад, балки савияи дониш ва маърифатнокии онњо дар сатњи паст мемонад. Ба њамин тариќ, таълими назарияи ада-биёт дар мактаб аз омўзгор дониши њаматарафаи адабиёт-шиносиро талаб менамояд».Хулоса, аз тањлил ва

мушоњидањои муњаќќиќ барме-ояд, ки айни њол дар мактабњои тањсилоти миёнаи умумї таъли-ми назарияи адабиёт ба таври бояду шояд ба роњ монда нашу-дааст. Аз ин рў, он ба таљдиди назар ниёз дорад.

Сайфуллоњ МАЊКАМОВ,номзади илмњои филология

ТАЪЛИМИ НАЗАРИЯИ АДАБИЁТ ТАЉДИДИ НАЗАР МЕХОЊАД

Тавре маълум аст, аввалин

Мртдблд

Шўрои мазкур мунтазам љаласањои худро доир намуда, масъалањои во-баста ба амалисозии Стратегияи давлатии «Технологияњои иттилоо-тию коммуникатсионї барои рушди Љумњурии Тољикистон», Барномаи дав-латии рушд ва татбиќи технологияњои иттилоотию коммуникатсионї дар Љумњурии Тољикистон, Консепсияи сиё-сати давлатии иттилоотии Љумњурии Тољикистон ва стратегияи ислоњоти системаи идораи давлатии Љумњурии Тољикистонро назорат менамояд. Бо директори Маркази љумњуриявии

технологияи информатсионї ва комму-никатсияи назди Вазорати маориф Ки-ромуддин Назаров њамсуњбат гардида, доир ба фаъолияти ин муассиса бо чанд савол мурољиат кардем.

- Муњтарам Киромуддин Назаров, оид ба њадафњои пешгирифтаи муассисаатон чанд сухан мегуфтед.

- Маркази љумњуриявии технологияи информатсионї ва коммуникатсияи наз-ди Вазорати маориф тасмим гирифтааст, ки пеш аз њама, дастрасии бештари хо-нандагону донишљўён ба технологияњои иттилоотиву коммуникатсионї таъ-мин гардида, барномањои таълимї ва дастурњои методиву китобњои дарсї бо назардошти охирин дастовардњо дар ин соња таљдиди назар шаванд. Айни за-мон тамоми мактабњо бо барнома ва китобњои дарсї аз фанни технологияи иттилоотї бо забони давлатї таъмин ме-бошанд. Маркази љумњуриявии технологияи

информатсионї ва коммуникатсияи муассисањои тањсилоти умумии кишвар то имрўз бо 43082 адад компютер, 7296 адад принтер таъмин гардидаанд.

- Маълум, ки «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисањои давла-тии умумии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2012 – 2015» ба тасвиб расидааст. Вазъи иљрои он чї гуна аст? Оё мушкило-ти кадрї низ эњсос мешавад?

- Иљрои «Барномаи давлатии компу-теркунонии муассисањои давлатии уму-мии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011 – 2015» дар муассисањои тањсилоти умумии љумњурї 95 фоиз таъмин гар-дидааст. Айни замон 1082 муассисаи тањсилоти умумии кишвар ба шабакаи байналмилалии Интернет пайваст аст.Теъдоди кадрњои ихтисосманд аз

фанни технологияи информатсионї дар љумњурї 3055 нафар мебошад. Шаклњои электронии њама наму-

ди китобњои дарсї аз синфи 1 то 11, филмњои таълимї (масалан дар бо-раи њаёт ва фаъолияти М. Турсунзода, Истиќлолият ва рушди маориф), китоби забони тољикї бо сабти овозиаш барои синфи 1, барномањои компютерии забо-ни англисї, русї, физика, химия, астро-номия ва инчунин, тестњо барои хонан-дагони муассисањои тањсилоти миёнаи умумї ва ѓайра омода ва ба муассисањо таќсим карда шуданд. То имрўз аз тарафи марказ ба тариќи

ќарордод ба муассисањои тањсилоти ми-ёнаи умумї фиттањои электронии «Забо-ни модарї», «Арифметикаи ман», «Му-раббии сол», «Омўзиши барномањо» , «english_ pictures», «ehglish _ teacher», «АВС», «Alphabet», «russian _ words», «write_ words», «Изучаем русские сло-ва» ва барои мактабњои олї аз фанни «Математикаи олї» дастрас карда шуд. Бо дахолати марказ дар шањру навоњии љумњурї марказњо ва бахшњо бо ќарори раисони шањру ноњияњо таъсис дода шуданд ва зиёда аз 372 корманд дар ин соња кору фаъолият доранд. Шак-ли электронии тестњо – саволномањо аз фанњои физика, химия, забони англисї низ тайёр карда шудаанд, ки њамчун аёният ба мактабњо фиристода меша-ванд.

- Мехоњам сари масъалаи њукумати электронї сухан гўед. Додугирифти маъ-лумот тавассути воситањои техникї чї гуна љараён дорад?

- Дар дастгоњи марказии Вазорати маориф барномањои системаи автома-

тикунонии иттилоотии «Мактаб – 2» ис-тифода бурда шуда, тамоми компютерњо бо барномањои литсензионї таъмин гар-дидаанд. Дар Вазорати маориф низоми до-

дугирифти маълумот байни дастгоњи марказї, зерсохторњои тобеи вазорат ва раёсату шуъбањои маорифи шањру ноњияњо тариќи шабакаи Интернет ва дар шабакањои мањдуди бањисобгирии Вазорати маориф мубодилаи њуљљатњо бо истифода аз ЃТР сервер ба роњ монда шудааст. Мувофиќи консепсияи системаи ит-

тилоотии идоракунии маориф, ки бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2. 11. 2007, №530 тасдиќ шудааст, дар Вазорати маориф низоми иттилоотї гу-стариш ёфта истодааст.

- Фаъолияти марказњои технологии информатсионї дар музофот дар кадом њолат ќарор дорад?

- Муассисањои тањсилоти ибтидої, ми-ёна ва олии касбї, пурра бо хати Интер-нет пайваст гардиданд ва аз захирањои он дар љараёни таълиму тарбия истифо-да мебаранд.

Дар таъсис додани Марказњои техно-логияи информатсионї ва коммуникат-сия дар назди Раёсатњои маорифи вилоя-ти Суѓд, ВМКБ, Хатлон, шањри Душанбе ва навоњии тобеи љумњурї марказњои технологияи информатсионї ва комму-никатсия таъсис дода шудаанд. Дар шањру ноњияњои вилояти Суѓд 18

маркази компютерї, дар ВМКБ 6 мар-каз, дар вилояти Хатлон 25, дар шањри Душанбе 1 марказ ва дар ноњияњои тобеи љумњурї 11 маркази омўзиши компютерї таъсис дода шудаанд.

- Њоло маълум, ки аксари амалиёт тавассути техникаву технология сурат мегиранд, аз љумла, китобхонањо низ дар шакли электронї хизмат мерасонанд. Мегуфтед, ки вобаста ба ин Марказ чї наќше гузошта метавонад?

- Таъсиси китобхонањои электронї бо тахтањои электронї, таъмин намуда-ни муассисањои таълимї ва истифодаи фаъоли онњо дар љараёни таълим, таъ-сиси шабакањои локалии муассисањои таълимї, сохтани системаи иттилоотии идоракунии маориф, таъмини додуги-рифт ва интиќоли ахбор тавассути по-чтаи электронї ва шабакаи интернетї аз иќдоми дигари Маркази љумњуриявии технологияи информатсионї ва комму-никактсия дар ин самт мебошад. Њамчунин, бо маќсади иљрои наќшаи

чорабинињо оид ба татбиќи Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 . 12. 2011, №643 «Дар бораи консепси-яи ташаккули њукумати электронї дар Љумњурии Тољикистон» барои тамо-ми раёсат ва шуъбањои маорифи вило-ят, шањр ва ноњияњои љумњурї почтаи электрониро дар нишонии «maorif tj. ва mail. ru» таъсис додаанд.

- Теъдоди умумии марказњо дар љумњуриамон чї ќадар аст?

- Алњол дар 60 шањру ноњия бахшњо ва марказњои хизматрасонї дорем, ки теъдодашон 370 - то мебошад. Њукумати электронї барои баланд бардоштани са-вияи дониши муаллимон ва хонандагон, таъмири компютер, пайвасти он бо ин-тернет, ташкили курсњои кутоњмуддати компютерї ва омўзиши забонњои русиву англисї њамеша љадал менамояд. Дар оянда суратњисоб кўшода, устохона ва маѓозањои фурўши компютерњоро ба роњ хоњем монд. Танњо дар ќароргоњи марказиамон 23 нафар фаъолият доранд ва машѓули љустуљўйи роњњои нави хиз-матрасонианд.

Мусоњиб Њотами ЊОМИД, «Омўзгор»

ТЕХНОЛОГИЯ

ТИКАМАЛ МЕКУНАД

Page 11: Omuzgor #33 2013

№ 33 16-уми августи соли 2013 11ОМЎЗГОР ЗАБОНШИНОСЇ

Ў дар ин бора чунин ибрози назар кард: Бо маќсади таъмини иљрои ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи сари ваќт омода намудани соњањои иќтисодиёт ва иљтимоиёти љумњурї ба-рои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоњу зимистони солњои 2013-2014», ќарори раиси вилояти Суѓд, фармоиши вазири маорифи љумњурї ва раёсати маорифи вилоят «Оид ба омода-гии муассисањои соњаи маорифи вилоят ба давраи тирамоњу зимистони солњои 2013-2014» иборат аз 19 банд наќша-чорабинињо ба тавсиб расида, дар ин самт корњо бомаром идома доранд. Айни замон 6 банди наќша-чорабинї ба пуррагї иљро гардида, корњо оид ба иљроиши 13 банд идома доранд. То 15-уми июли соли равон дар

муассисањои таълимии вилоят 5411 тон-на ангишт харидорї шуда, 3757,1 метри

кубї њезум захира карда шудааст ва 3502 метри квадратї шишабандии тирезањо ба анљом расидааст, ки ин 64,2,% ан-гишт, 72% њезум ва 74,6% шишабандии наќшаи пешбинигардидаро ташкил медињад. Ѓайр аз ин аз мавсими зими-стони соли гузашта дар муассисањои таълимии вилоят 793,4 тонна ангишт ва 556,2 метри куб њезум боќї монда буд, ки 9,4% ангишт ва 10,7% њезумро ташкил медињад.Шумораи умумии

буѓхонањо 373 адад буда, аз онњо 57 ададашон дар њолати корї ва 316 адада-шон дар њолати ѓайрикорї ќарор доранд. Дар тамоми

муассисањои таълимии вилоят 517 генератори барќї мављуданд. Тала-бот ба сўзишвории дизелї 10970 литр муќаррар гар-дидааст. То 15.07.2013 дар муассисањои таълимии вилоят 2970 литр сўзишвории дизелї захира карда шудааст, ки ин 31,16% наќшаи пешбинишуда мебошад. Шу-мораи гармикунакњои барќї 4618 адад ва миќдори печњои аловї 12621 ада-дро ташкил медињанд. То имрўз 410

муассисањои таълимї бо хати барќи озод пайвастанд. Дар 683 муассисаи таълимї чунин хат нест. Аз ин маълумотњои оморї равшан маъ-

лум мегардад, ки агарчанде ба масъалаи омодагї ба зимистонгузаронї бархе аз шањру ноњияњо таваљљуњи хос зоњир кар-да, захираи ангишту њезум ва оинабан-дии муассисањои таълимиро дар њолати

хеле хуб ба роњ мондаанд, аммо ин њолат дар дигар аз шањру навоњии вилоят, ки масъулин ба сањлангорї роњ дода дода-анд, бењбудии љиддиро таќозо менамо-яд. Дар шањру навоњии Хуљанд, Чкалов, Ќайроќќум, Љаббор Расулов, Зафаробод,

Шањристон, Ѓончї, Айнї, Панљакент ангиштро аз рўи талабот захира карда, корњои таъмиру азнавсозии мактабњоро идома дода истодаанд. Дар ин шањру навоњии вилоят захираи кофии ангишт ба андозаи аз 80 то 100% таъмин гардидааст. Аммо вазъ дар шањру навоњии Кўњистони Мастчоњ, Истаравшан, Ашт, Мастчоњ, Ис-фара, Бобољон Ѓафуров то андозае таш-вишовар ба назар мерасад. Дар ноњияњои Ашту Мастчоњ 22%, Истаравшан 59%, Исфара 64%, Бобољон Ѓафуров 60% ан-гишт захира гаштаасту халос. Тибќи омо-ри дастрасшуда дар муассисањои таълимї захираи кофии њезум љамъоварї гарди-да, њамчунин оинабандии муассисањои таълимї низ хуб ба роњ монда шудааст. Аммо иљроиши шишабандї дар шањру навоњии Мастчоњ 21,4%, Панљакенту Ќайроќќум 30%, Чкалову Истаравшан 50%-ро ташкил медињад ва масъулин бояд барои ислоњи камбудињо чорањои таъљилї андешанд. То оѓози соли нави хониш як моњ

боќї мондааст ва масъулинро лозим аст, ки ба сањлангорї роњ надода, барои таъмини захираи кофии ангишт, њезум ва оинабандї кардани муассисањои таълимї аз имкониятњои мављуда сама-ранок истифода баранд.

Нўъмон РАЉАБЗОДА

Њомид МАЉИДОВ, профессор

ТАЊЌИЌ МЕЪЁРЊОИ ИСТЕЪМОЛИИЗАБОНИ АДАБИИ МУОСИРИ ТОЉИК

(Идома аз шуморањои гузашта)

Калимањо ва маъноњои дар муомилот серистеъмол бунё-ди луѓати меъёрии забони ада-бии тољикро ташкил медињанд. Ба ин нисбат дар алоќамандї бо гурўњњои људогонаи чу-нин калимањои серистеъмол муќаррар намудани гурўњњои луѓати меъёрии забони адабї як андоза ба осонї даст медињад.Теъдоди бузурги чунин

калимањо њамчун масолењи њатмии истеъмолии сохтори грамматикии забонамон дар истифода мебошад. Онњо дар хидмати доимии грамматикии забонамон буда, мафњумњои муњимтарини ифодакунандаи њиссањои мухталифи нутќ ба тавассути ин воњидњо ифода шудаанд. Чунончи, калимањои ифодагари мафњумњои сифатии навъи сурх, сабз, талх, ширин, хиштин, сангин; шуморањо як, дањ, сад, њазор, њаштяк, дањчор; љонишинњо ман, ту, худ, кї, чї, он, њељ, њар; феълњоомадан, ги-рифтан, додан, хостан, кор кар-дан, тамом шудан, гапзадан, парў сохтан ва аз њама бештар калимањои ифодагари шайъњо: а) аслињаи мењнат: каланд, бел, та-бар, корд, дукорда; б) дарахтњо: зардолу, себ, ток, бед, чинор, сарв; в) зироатњо: гандум, љав, пахта, нахўд, арзан; г) њайвонот: гўсфанд, буз, гов, шутур, хар, асп; ѓ) парандањо: кабўтар, мурѓ, зоѓ, майна, гунљишк ва гурўњњои ба инњо монанди дигар луѓати меъёрии забони адабиамонро ташкил медињанд.Љињати љолиби чунин

калимањо дар доираи ва-сеи њамнишинињои онњо бо калимањои дигари забон зоњир мегардад. Њар яке аз онњо бо чандин калимањои гуногун алоќаманд шуда метавонад. Нусхањои њаммаънову њамгуни онњо дар ќабатњои мухталифи истеъмолї ба тариќи фаровон ба кор бурда мешаванд. Аксар чунин калимањои дар забон се-ристеъмол дар байни калимањои њаммаънову њамгуни худ маќоми сарсилсиларо доранд. Масалан, дар силсилањои бо њам муроди-фи калимањои хабар-пайѓом,

мужда; посбон-муњофиз, ќаровул ва њамгунњои шавњар-шўй, шў; љўйбор- љўй, љў ва монанди инњо, ки калимањои ќабатњои гуногу-ни истеъмолї бо њам муттањид шудаанд, сарсилсилањои онњоро калимањои серистеъмол ташкил додаанд.

Дар њамин асос ба љумлаи калимањои меъёрии за-бони адабї ба љуз вожањои нињоят серистеъмол боз як миќдори калони калимањои ифодагари мафњумњои малењу адабии китобии навъи вопасин, бадеъулљамол, падруд, вожгун, бадсигол; расмию коргузории муќаррарот, эњтироман; ада-бии гуфтугўйи майда, майлаш, пойлуч, дањмарда, доскала; омиёнаи занак, мардак, бўзбала, чаќ-чаќ, њарина; истилоњоти ил-мивуи фаннї ва вожањои касбу њунархои мухталифи мардумї дохил шуда метавонанд.Албатта, бисёр гурўњњои

калимањои кайњо аз истифода баромада, иќтибосњои фардии тозаворид ва миќдори зиёди калимањои шевагї аз доираи луѓати меъёрии забон берун ме-бошанд.Дар чунин мавридњо љоиз аст,

ки, масалан,ба љои калимањои кўњнашудаву аз истеъмолбаро-мада, муродифњои калимаву маъноњои серистеъмоли онњо ба кор бурда шаванд. Масалан, дар ивази калимаи кўњнашудаи гирдакон, имрўз калимаи меъё-рии чормаѓз дар истеъмол аст. Ба њамин монанд ба љойи барда бояд асир, дар ивази дун – паст, зиндиќ – бедин,масир – сайр, му-тарриз –зебдињанда бояд исти-фода шаванд.Дар истеъмоли иќтибосии ру-

сиву аврупої низ дигаргунињои љиддї ба амал омадаанд. Имрўз калимаи њизб вожаи як ваќтњо нињоят серистеъмоли партияро ба пуррагї иваз мекунад. Ба њамин монанд рўзнома мустаъмал аст на газета, ё ки пажуњишгоњ корбаст мешавад, на калимаи чанде пеш машњури институт. Дар сањифањои матбуоти давр

аз љониби баъзе навќаламону рўзноманигорон истифода шуда-ни калимањои русии риторика, потенсиал, карйера, примитив, контрол, изолатсия ва монанди инњо, ки умуман ба забонамон ќабул нашудаанд, ќасдан шика-стани доираи меъёрњои луѓавии забонамон буда метавонад.Калимањои зиёди шевагї, ки на

фаќат хоси мањалњои људогонаи кишварамон мебошанд, балки ба шеваю лањљањои тољикии бе-рун аз он њам марбутанд, бисёр ваќт дар забони адабї муродиф ва гунањои нињоят шинам ва му-аддаб доранд. Ба ин нисбат онњо низ аз доираи меъёрњои луѓавии забони адабї берун мемонанд. Чунончи, дар ивази калимаи посткуно, ки дар бисёр лањљањои шеваи шимолиамон истифода мешавад, дар забони адабї кали-маи нињоят серистеъмоли чаппа ба кор бурда мешавад. Айнан ба њамин минвол калимањои шева-гии гизала,дангала кардан, дун-гур, килет ба љойи муродифњои адабии онњо бадљањл , партоф-тан, варам, вайрон корбаст шуда наметавонанд, чунки аз доираи меъёрњои луѓавии забони адабї берун љой гирифтаанд.Дар назар бояд дошт, ки

маљмўи ин њама калимањои меъё-рии забони адабї дар луѓати таф-сирии он оварда мешавад. Дар он њамчунин доир ба њар як калимаи мустаъмал барои соњибзабон дар хусуси мавридњои истеъмол, рангубори бадеї, пайдоиши он низ маълумоти зарурї дода ме-шавад. Дар чунин луѓат набояд калимањои кўњнашуда, шевагї ва номатлуби забонњои хориљї оварда шаванд. Дар сурати аз рўйи зарурат љойгир намудани баъзе аз калимањои ин гурўњњо доир ба мавридњои корбурди онњо бояд маълумоти даркорї низ оварда шавад. Луѓати меъё-рии тафсирии забони адабї дар айни замон луѓати имлои он низ мањсуб меёбад. Ба ин нисбат дар он шаклњои солими калимањо, гунањои умумиистеъмоли онњо интихоб карда мешаванд.

Гунањои мухталифи дар шаклњои дигари забон мављуда ва ё як ваќтњо мустаъмали калимањо бо маќсадњои муайян оварда ша-ванд њам, мањдудиятњои доираи истеъмоли онњо боистї ба тариќи махсус гўшзад карда шаванд.Солњои зиёд вазифаи луѓати

меъёрии забони тољикро луѓатномаи «Луѓати тољикї-русї» (Москва, 1954) ва «Фарњанги тољикї ба русї» (нашри охир: Душанбе, 2006) адо мекард. Соњибзабонон ин ё он калимаи мустаъмал, маъноњо ва мавридњоиистеъмоли онро ба тавассути њамин сарчашмањо му-айян мекарданд. Намунаи луѓати меъёрии тафсирї дар ду љилд бо номи «Фарњанги тафсирии за-бони тољикї» аввалин бор дар таърихи навини забоншиносии тољик соли 2008 ба нашр раси-дааст. Бо вуљуди баъзе нуќсону норасоињое, ки дар ин луѓат роњ ёфтаанд ва боиси танќиду хўдагирињои баъзе ашхос гаш-таанд, мањз њамин асар вазифаи њуљљати нозири меъёрњои за-бони адабї буданро иљро кар-да метавонад, на «Фарњанги забони тољикї»-и насри соли 1969, ки дар он тафсири кали-маву маъноњои забони форсии классикї оварда шудаанд. Забо-ни адабии муосири тољик аз фор-сии классикї – забони китобие, ки аз асри Х то ба нимањои асри Х1Х дар истифода буд, бо систе-маи маъної ва мавридњои ис-теъмоли калимањояш хеле фарќ мекунад, бинобар ин «Фарњанги забони тољикї» (Москва, 1969) барои забони адабии муосири тољик луѓати меъёрї буда наме-тавонад.Шояд ба назар нагирифта-

ни њамин љињат ва омехта кар-дани забони адабии тољикї ба гунањои мухталифи фор-сии классикї, ки имрўз чун за-бони тољикиимо вазифањои забонњои мустаќилидавлатњои соњибистиќлолро адо менамо-янд, боиси омезиши калимаву маъноњои он гунањо бо забони адабии тољикї гардидааст. Маса-

лан, магар равост, ки ба калимаи нигаронї, ки дар тољикї маънои «интизорї»-ро дорад, маънои ба он тамоман ночаспони «ташвиш» зам карда шавад, ё ба таркиби пиёдакардан семантикаи «њал кардан» дода шавад. Ё ки ба во-жаи њамакнуни бемантиќ, ки ба маънои «њоло, акнун» истифода мешавад, оё зарурате њаст?Ба њаминњо монанд имрўз

калимањои зиёди тољикї, ки њодисањои воќеї ва мафњумњои мушаххаси зиндагии марду-ми моро ифода мекунанд, ба маъноњои тамоман дигар-дигари ба мундариљаи азалии онњо ягон робита надошта, истифода ме-шаванд, лакнати равшане ба меъёрњои истеъмолии луѓати забонамон буда метавонад. Ка-лимаи нав ва ё маънои нави он дар сурате хотирмон аст, ки аз калимаи ба њама маълумва дар заминаи маъноњои он ба вуљуд омада бошад ва бо он робитаи мантиќиро нигањ дошта бошад. Дар акси њол чунин навгонї дар шуури соњибзабон ягон тасавву-роти мушаххасро бедор карда наметавонад.

4. Меъёрњои фразеологї. Маљмўи воњидњои фразеологї (Таъбирот)-и дар забони ада-бии муосир мустаъмал захираи воњидњои меъёрии онро ташкил медињад.Бояд таъкид намуд, ки чунин

таъбироти даѓалмаъно бо вуљуди фарогирии оњангу тобишњои ду-рушт ва ноњинљор дар доираи меъёрњои истеъмолии забони адабї ќарор доранд ва ба ин нис-бат аз љониби адибу нигоранда-гони дигар васеъ ба кор бурда мешаванд. Дар баробари чунин мисолњо дар ќабати фразеологи-яи шифоњии забонамон таъбиро-ти фаровони ифодагари тањќиру дашномњо низ љой доранд, ки бе-рун аз њудуди меъёрњои забони адабї мебошанд. Њамчунин ба доираи фразеологияи меъёрии забонамон ќабатњои зиёди таъ-бироти сирф шевагї, кўњнашуда ва аз забонњои дигар ба тозагї воридшуда љой гирифта намета-вонанд.

ТАЙЁРЇ

ОМОДАГЇ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНЇ

Ў дар ин бора чунин ибрози назар

кумбагинамстта55киње

(Давом дорад)

Page 12: Omuzgor #33 2013

№ 33 16-уми августи соли 201312 ОМЎЗГОР ЉОМЕА МАРДУМЇ»

Назар ба маълумоти охирине, ки аз раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Сумангул Таѓоева дастрас кардем, нис-бат ба њамин даври соли гузашта дар шаш моњи аввали соли љорї зўроварї нисбат ба занон 15,42 дарсад афзудааст ва нафарони зери хушунату зўроварии хонаводагї ќарор дошта зиёда аз 18% бештар шудааст. Вале тахмин меравад, ки теъдоди аслии чунин нафарон бояд бештар бошад, чун на њама занон ва ноболиѓон аз вазъияти ногувори оила шикоят мебаранд. Њамин тавр, дар њудуди кишвар шумораи ноболиѓони ба худкушї дастзада нисбат ба соли гузашта 6 дарсад афзудааст. Аз рўи иттилои мавсуф, теъдоди умумии за-ноне, ки даст ба худкушї задаанд, 168 нафарро ташкил медињад, ки назар ба соли гузашта 2,38% коњида бошад њам, мутаассифона, ин раванд дар байни ноболиѓон зиёд шудааст. Њодисањои нанговари худкушиву

худсўзии занону духтарон ва кўдакон бояд ањли љомеаро ба андеша водор ку-над. Аз як тараф, чунин кори одамони сустирода, албатта, боиси дастгирї нест, онњо воќеан ба кори нохуб даст зада-анд, яъне, аз бањри неъмати бењтарине, ки Худованд барояшон ато кардааст, баромадаанду риштаи умрашонро бо дастони хеш ќатъ кардаанд. Ва аммо аз љониби дигар, ба воќеият нек назар андозем, рафтори онњо як навъ эътироз аст! Эътироз ба ноадолатї, эътироз ба љабру зулми хонаводагї... Ба андешаи раиси Кумитаи кор бо за-

нон ва оилаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Сумангул Таѓоева, ќасд ба љони хеш кардани ноболиѓонро сабаб муњити носозгори оилавист. Мавридњое мешаванд, ки дилу нияти кўдакон ба-рои калонсолон нофањмо мемонад, ба-рои рафторашон ноболиѓон аз љониби ќалонсолон зери тозиёнаи тањќиру таъна ќарор мегиранд...

“Кумита бо њар як оила дар баро-бари маќомоти њифзи њуќуќ бо тафти-ши сабабњои ба худкушї даст задани шањрвандон машѓул аст. Намояндањои шуъбаву бахшњои кумита, раисони мањаллањо гурўњњои корї таъсис дода, бо оилањои мазкур суњбатњо мегузаро-нанд. Дар сурати зарурат равоншино-сон низ љалб мешаванд, вале мутаас-сифона, дар миќёси љумњурї шумораи мутахассисони ин соња кам аст,”-изњор дошт С.Таѓоева. Чунон ки Шањобиддин

Мирзоањмедов, сармутахассиси шуъ-баи ташкилии њуќуќ ва иттилооти ку-митаи мазкур, ба мо иттилоъ дод, зиёд шудани теъдоди худкушї байни занону духтарон, махсусан, кўдакон аз чанд омил иборат аст. Яъне, сабабњо зиё-данд. Агар яке аз сабабњо гирифтории бемории руњї бошад, дигараш, рў ба рў шудани афроди мазкур ба мушкилоти иќтисодиву иљтимої ва зуроварї дар оила мебошад. Ба њар сурат, муњити но-солими оилавї наќши асосї мебозад. Муњити носолим, яъне, чї? Муњитест, ки дар он падару модарон байни њам муносибати носозгор доранд ва ё аз њам људо шудаанд, инчунин, кўдакон ятиму нимятим буда, онњо на танњо дар сари хеш дасти мењри волидайнро эњсос на-мекунанд, балки аз тарафи калонсолон тањќиру тазйиќ мебинанд. Духтарони

наврас дар симои модарандарон шахси наздикро намебинанд, ки аз мушкило-ти хеш дарди дил кунанд. Табиист, ки чунин кўдакон дар бисёр маврид роњи наљотро дар фирор мебинанд. Тифло-ни дарбадару оворагард дар нињояти кор ба љиноят даст мезананд. Ин љо лозим мешуморем, маълумоти

омории Вазорати корњои дохилии киш-варро љой дињем, ки теъдоди љиноёти содиркардаи ноболиѓон дар нимсолаи 2013 нисбат ба нимсолаи соли гузаш-та ба 30 дарсад афзудааст. Воќеан, ин боиси ташвиш аст.Нияти рў ба рў суњбат оростан бо

кўдакони собиќ бепарасторе, ки баъ-

ди оворагардиву ба љиноят даст задан њоло дар Мактаби махсуси љумњуриявї сарпарасту сарпаноњ ёфтаанд, инљонибро ба ин муассиса овард. Мак-таби мазкур 50 нафар тарбиятгиранда дорад ва онњо ин љо се сол буду бош мекунанд. Аз рўйи њуљљати ин кўдакон маълум мегардад, он бачањо асосан аз оилањои носолим буда, аз љониби воли-дони майзадаву бемасъулият лату кўб мешудаанд. Олими 12-сола аз ноњияи Љиликўл

буда, зоњиран аз синну соли аслиаш хурдтар менамояд. Ваќте ў аз њаёти номусоиде, ки то омадан ба ин муас-сиса паси сар кардааст, наќл мекард, ашк дар чашмонаш њалќа мезад. Ў иќрор мешавад, ки чанд маротиба дар фикри худкушї афтодааст: “Дар хо-наамон боре нохост хоњарамро, ки мо падарљудо њастем, ќасдан не, тасодуфан аз болои кат ѓалтондам. Модарам маро бо оњан бисёр зад. Сахт зарба хўрдам. Хоњарам бошад, баъд аз 3-4 моњ аз дунё гузашт. Маро аз хона ронданд. Баъд ба хонаи холаам омадам. Аз хо-наи холаам низ маро ронданд. Баъд ба хонаи бибиам рафтам. Дар хонаи биби-ам низ њамагї ду ё се моњ будам. Дар бозорњо мегаштаму талбандагї мекар-дам,»- наќл мекунад ў. Албатта, Оли-ми хурдсол барои марги хоњарчааш, ки аз беэњтиётии вай сар задаст, худро гунањгор медонад. Аз фироќи модар ва хешу аќрабояш ашк мерезад. Аммо модар њељ омили сар задании воќеаро тањлил карда бошад? Дуруст аст, ки мо-дар тифл аз даст додаст ва падарандар писаракро чашми дидан надорад, аммо дар миёни чорроњаи таќдир танњову сарсон гузоштани фарзанди дигар ба чї маънї буд? Модар наметавонист Олимро ба дасти падари худаш супо-рад? Зиёда аз ин, чаро касе дар ноњияи Љиликўл масъулиятеро, ки дар кишва-ри мо ќонунан бар уњдаи падару модар

гузошта шудааст, ба хотири волидайни Олим нарасондаанд. Воќеан, ин кўдаки резаустухон дар

назари ман кўњи ѓамро мемонд. Ме-гуфт, ки касе дар ёди ў нест. То њол вайро касе аз наздикон хабар наги-рифтааст. Бача хурсанд њам њаст, ки оворагардињояш хотима ёфтааст. Ў шавќи хондану “одам шудан”, яъне, баъди хатми мактаб давом додани тањсилро дорад. «Ин мактаб ба ман хеле маъќул аст”,- мегўяд дар фарљом мусоњиби хурдсоли ман.

«Сароѓоз, ваќте бачагон ба ин мак-таб меоянд, аз ин розї намешаванд,- мегўяд директори Мактаби махсуси љумњуриявї Намозхон Бобоев. - Охир, аксари онњо дар кўчањо сарсарї ме-гаштанду ба ќавле, мурѓи озод буданд.

Табиист, ки риояи низоми хоси кори муассиса барояшон вазнин метобад. Агарчи волидайни аксарашон май-задаву нашъаманданд, мехоњанд дар оѓўши падару модари хеш бошанд. Аммо баъзе падарандар ва ё модаран-дарон намехоњанд, ки кўдакро ба хона роњ дињанд. Бача дилаш аз хона, аз љамъият хунук мешавад. Љамъият ба њоли ин кўдакон бетараф аст. Дар њаќиќат, андешаи ин педагоги

шинохта љон дорад. Нисбат ба нафаре, ки дар оила зери хушунат ќарор до-рад, чї гуна муносибат ќардан лозим, то мушкилаш осон гардад? Оё воситае њаст, ки ба ин тоифаи љабрдида мадад

шавад? Ва сабаби сар задани хушунати оилавї дар чист? Назар ба андешаи Заррина

Кенљаева, равоншиноси Маркази буњрони “Боварї”, ќишри осебпазир-тарини љомеа кўдаконанд.

-Новобаста аз он ки дар хонавода зан зери зўроварї ќарор дорад ё мард, дар ин маврид, пеш аз њама, бештар кўдакону наврасон рўњан азоб мека-шанд. Инчунин, омили асосии сар за-дани хушунати хонаводагї дар бетар-биягии насли љавони имрўза аст, ки моњияти равонии хонадонро сарфањм намераванд. Оилае, ки њар узви он ната-вонад чун шахсият изњори назар кунад, оила солим њисоб намешавад. Хушуна-ти оилавї аз чї сар мешавад? Масалан, яке аз аъзои оила нисбат ба дигарї њам аз љињати иќтисодї ва њам аз љониби равонї бартарї дорад. Яъне, ў сарвари мутлаќи хонадон мањсуб буда, дигарон вобастаи ўянд ва њаќќи изњори аќида кардан надоранд.Мавсуф, инчунин, илова кард, ки

њамарўза ба маркази мазкур 5-6 на-фар, асосан занњо, бо шикояти хушунат дар оила мурољиат карда, мегўянд, ки проблеммањои асосї аз тарафи њамсарон дар шоњидии фарзандон мавриди лату кўб ќарор гирифтани онњост.

- Яъне, фарзандон дар чунин вазъи ногувору носолим тарбият меёбанд. Воќеан, сабаби асосии сар задани хушу-нат дар оила аз каммаърифатии аъзои оила аст,»- изњор дошт З. Кенљаева.Ба андешаи мо, ин ќолаби кўњнаи

зиндагиро дигар бояд кард. Ба мар-дум маърифати оиладорї бояд омўхт. Онњоро аз њаќќу њуќуќашон огањ бояд кард. Нафаронеро, ки масъулияти хеш-ро дар мавриди таълиму тарбияи фар-зандонашон эњсос намекунанд, аз рўйи ќонун ба љавобгарї бояд кашид.

Ситорабону НАЗАРОВА, «Омўзгор»

МАСЪУЛИЯТ

нагувариовшбатахему

тамељуакга

ЌОЛАБИ КУЊАН ТАЉДИД МЕХОЊАД

ЊОТАМ ФАЙЗУЛЛОЕВ БАРГУЗИДАИ МОЊ ЭЪЛОН ШУД

Ш а њ р в а н д и Тољикисторн Њотам Фай-зуллоев “Баргузидаи моњи августи барномањои табо-дули фориѓуттањсилин”-и Alumni of the month August 2013, ки бар-номаи байналмилалии омўзишиии International Visitor Leadership Program (IVLP)-и Амрикост, эъ-лон шуд. Чуноне ки дар торнамои расмии барно-маи мазкур оварда шуда-аст, Њ. Файзуллоев соли

2011 пас аз сафар ба Амрико дар чањорчўбаи IVLP барои бењбуди вазъи тањаммулпазирии мазњабњо дар Тољикистон корњои шоистае ба субот расондааст. Дар торнамои расмии Раёсати маориф ва фарњанги Амри-ко (ECA) дар бораи Файзуллоев чунин навишта шу-дааст: “Њотам Файзуллоев сармутахассиси Кумитаи кор бо љавонон, варзиш ва сайёњии назди Њукумати ЉТ буда, ба унвони як соњибќалами чирадаст зуд-зуд дар матбуоти мањаллї дар бораи њамдигарфањмии мазњабї, љомеаи шањрвандї ва дар бораи Амрико маќолањо ба нашр мерасонад. “Тањаммулпазирии мазњабї дар мактабњои католикии Амрико”, “Исломи тањаммулпазир дар Амрико” аз љумлаи маќолањои ў мебошанд. Мавсуф њамчунин муаллифи китоби “Ам-рико ва љомеаи шањрвандї” мебошад”. Файзуллоев дар соли 2011 рољеъ ба “Мазњаб, мадоро ва љомеаи Амри-ко” дар Тољикистон конфронси густардае созмон дод. Ин конфронси бо мадади сафорати Амрико дар Ду-шанбе баргузор шуд ва дар он сафири Амрико ва чанд нафар аз баргузидањои Барномаи байналмиллалї, шу-море аз имомхатибони масљидњо ва шогирдони мадра-сахо иштирок доштанд. Бояд гуфт, ки њар сол шуъбаи табодули фориѓуттањсилини раёсати номбурда яке аз иштирокдорони фаъоли барномаро баргузидаи моњ эълон мекунад.

Ситорабонуи СОЊИБНАЗАР,“Омўзгор”

НИШАСТИ МАТБУОТЇ

Дар давраи сипаришу-да аз љониби кормандони марказ тадќиќот дар соњаи омўзиши таљрибаи љањонии танзими фаъолияти Интер-нет, тањлили ќонунгузории Тољикистон доир ба омо-дагии Њукумати электронї барои солњои 2010–2012 дар њамкорї бо Фон-ди љамъиятии Интер-нет ба анљом расонида шуд. Тањлил нишон дод, ки асосан ќонунгузории Љумњурии Тољикистон љавобгўйи талабот мебо-шад, вале бо сабаби рушди технологияи замонавї ва муносибатњои љамъиятї за-рурият ба ворид намудани таѓироту иловањо ба миён меояд. Тибќи наќшаи Њукумати

Љумњурии Тољикистон конфронси илмї-амалии љумњуриявї дар мавзўи «Љавобгарии ноболиѓон: масоил ва роњњои њалли он» бо љалби васеи мута-хассисони соња гузаронида шуда, њамзамон рољеъ ба масъалањо ва мушкилоти ќонунгузории оилавї бо

ташаббуси марказ мизи му-даввар дар мавзўи «Никоњ ва проблемањои танзими њуќуќии он» баргузор гар-дидааст. Кормандони Марказ

дар давоми шаш моњи си-паригардида дар њайати 10 гурўњи корї оид ба тањияи як ќатор лоињаи ќонунњо ва барномањои давлатї дар соњањои њуќуќэљодкунї фа-ъолона ширкат намуданд. Њамзамон дар Марказ 7 гурўњи корї тибќи наќшаи дохилї таъсис дода шуда, дар ин самт тањияи консеп-сияи такмили ќонунгузории граждании Љумњурии Тољикистон, оид ба омўзиши таљрибаи љањонии танзи-ми њуќуќии фаъолияти ин-тернет ва тафсири Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъё-рии њуќуќї» инчуни тањияи лоињаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Арбитражи байналмилалии тиљоратї» кор идома до-рад.

Шодї РАЉАБЗОД,«Омўзгор»

ЉАВОБГАРИИ НОБОЛИЃОНВА МАСОИЛИ ДИГАР

Page 13: Omuzgor #33 2013

№ 33 16-уми августи соли 2013 13ОМЎЗГОР ГУЛБОЃИ АДАБ БА ОЗМУНИ «ГЎРЃУЛЇ – ЭПОСИ МАРДУМЇ»

Баъзе бачањо ба овози хосаю марѓуладори вай таваљљуњ надо-штанд. Аммо маро дигар чиз сахт мутаассир мекард. Медидам, ки мўйсафед бо дутораш аз Гўрѓулї ќисса дораду аммо ноаён ашк ме-резад. Барои он ки одамон гиряи ўро набинанд, мўйсафед пинњонї ашки дидагонашро пок карда боз месуруд. Мўйсафед барњаќ донан-даи розњои дилфиреби ин достони афсонавии мардумї буд. Ў њини ба торњои дутораш нохун задан, Гўрѓулиро ба сухан медаровард. Њамин ки овози мўйсафеди фалак-саро баланд мешуд, дар фазои дења гўё аспу ханљарзанї, тохтутозњо ба вуќўъ мепайвастанд ва Авазу Ше-ралию Нуралї ба майдон мебаро-маданд. Мўйсафед хаёле њамроњи ќањрамонњои Гўрѓулї нафас мекашид, ранљу дард мекашид, ба ѓаму кулфати онњо шарик гашта, аз банди љигар оњу шеван мебаровард.Акнун аз он айёми

мактабхонї солиё-ни зиёде гузаштааст, дигар дар дењаи мо Гўрѓулихон нест. Њар гоње ки мењмони дења мешавам, назарам ба кулбаи холии бобои На-зари Гўрѓулисаро ме-афтаду ашк гулўгирам мекунад. Меандешам, чаро дар ваќташ фит-таи овозашро нигоњ надоштем. Акнун дер шудааст. Вале наќлу ривоятњои ин њамосаи миллии тољикї аз рўйи хотирањои бобои Назар њоло њам дар ёду хо-тираам боќї мондаанд.Хусусан, хотирањои бобои

Назар дар бораи аспи забондо-ни Гўрѓулї маро лањзае ором намегузоранд. Гўё њоло њам аз куљое садои шињаи аспи бовафои Гўрѓулї ба гўш мерасад. Охир, оѓози ин эпоси машњури дунё низ бо њамин љонвари рамузфањм сахт вобастагї дорад. Ба дунё омада-ни Гўрѓулї, яъне ўро ба тарбия гирифтани Ањмадхон ва модари ширхораи ў будани байтал ошкор мешавад. Мањз мењру муњаббати њамин байтал, ки ба љойи мо-дараш Гўрѓулиро шир додааст, буд, ки ў минбаъд таќдирашро якумрї ба аспсаворї бахшид. Ак-нун Гўрѓулї аз овони кўдакї ба галабонї шуѓл варзида, парвари-ши аспњои таѓояшро вазифаи асо-сии худ медонист. Гўрѓулї воќеаи дар гўр ба дунё омаданаш ва ма-кондани аспро њаргиз фаромўш насохтааст:Саѓира гушна мондаст дар

гўристон,Саѓираро байтал макондаст

дар гўристон.Дар “Гўрѓулї” манзараи му-

носибати ќањрамони асосии до-стон бо љонвари роздон - асп хеле самимї тасвир ёфтааст. Худи Гўрѓулї аз мењру муњаббати би-сёре, ки ба ин асп дошт, аз зоти аспи арабии паррон насл мегирад ва сипас, ин тойчаро бо сад орзу-ву њавас тарбият мекунад. Њатто ба љонвар мисли инсон муносибат намуда, ўро аз шири одам калон мекунад. Мањз њамин муносибати хайрхоњонаи Гўрѓулї буд, ки асп зуд ба воя расида, ба як саманди тезгому рамузфањм ва нотарс таб-дил меёбад:Шируш дод аввал шири одам,Баъд аз он бикун, эй љура, гўш.Додуш шири нахчиру харгўш,Бо њазор њилла мепарварид.Дар њамосаи миллї манзарањои

диловарию шуљоат ва далерї мањз тавассути асп ба љилва омадаанд. Зеро саропои асарро ќањрамонию рамузфањмии ин љонвари вафодор

ташкил намудааст. Дар нигоњи Гўрѓулї асп танњо љонвари бор-кашу шоњпари инсон нест, балки аспи ў тимсоли хайрхоњию ѓалаба бар бадї њаст. Њатто, лањзае ки Гўрѓулї духтари шоњ Райњонаро ба аспаш шинонда, онро мањмез зада, сўйи Ватан мешитобад, асп бо виќору тањаммул худро сабук њис кард, то ёронашро ба манзили мурод бирасонад.Дар набарду талошњои хунин

дар майдон, размгоњ њамеша асп дар сафи аввал истодааст. Мањз бо њидояти Гўрѓулї асп самти на-бардро муайян карда, якбора ба арсаи љанг медарояд, соњибашро аз чанги балоњо рањонда, соќу са-ломат аз майдон мебарорад. Дар лањзањои љанги хунин, ки аз чор

тараф душманон тохтутоз доранд, мањз аспи забондон душманонро чапѓалат медињад. Гоње бо сумаш раќибашро зада аз пой меафто-над. Зину афзол, аилу пушанг ва нигоњи рамузгиронаи асп ба эпос як шукўњи дигаре ато намудааст:Зини туркманї мондан,Се айл шуд сар ба сар.Пуштанги тилло дора,Туѓайи тилло сар ба сар.Дар њамосаи “Гўрѓулї”

манзарањои нотакрор хеле зиёд ба назар мерасанд. Хусусан, тасвири табиат, олами вуњуш, набототу њайвонот хосаи ин асари марду-ми тољик мебошад. Дар њамоса љонварон, хусусан, аспњои бодпои тољикї мавќеи барљаста доранд. Ин гурўњи аспњоро мањз дар мав-зеи хушобу њавои Чомбули Ма-стон парвариш мекунанд. Дар ин гўшаи њамешабањори афсонавї аспњои Гўрѓулї гала-гала меча-ранд. Онњо аз касе хавфу хатар на-доранд. Симои Аваз - пањлавон низ дар њамосаи Гўрѓулї хеле самимї тасвир ёфтааст. Аваз як умр ба муќобили бадкирдорї дар набард ќарор дорад. Ў аспи самандашро баробари фарзандонаш Нуралї, Шералї ва Гулнор дўст медорад. Лањзањои бо аспаш чун ба инсон муносибат намудани Аваз хеле њаяљонбахш ба љилва омадаанд:Дар сумбот љонум садќа,Љонвар, гуфт моли тањдон.Хоназоти райњонї,Мењнат кардагї султон.Дар лањзањои мушкилтарини

њаёт, њангоми сар задани љангу кашмакашњои дохилї њамеша урдуњои киновар бо њам дар муќобилият буданд. Дар ин љангњо аз њама бештар аспњо ба марг дучор мешуданд. Зеро он замонњо танњо асп ёвару мададгори љанговарон буду халос. Дар набардњои сахту сангин, ки душман мехост дастбо-ло гардад, Гўрѓулї, Авазу Нуралї ё Шералї танњо ба аспи вафодори худ умед мебастанд.Ту хўрдаї ай одам шир,Њушта ту дар сарут бигир.Ѓофиле набоша асир!Њамин тавр, асп аз ќадимулайём

ба рўзгори мардум чун љонвари дўсту вафодор тасвир ёфтааст.

Пайкараи асп дар дунё чун рамзи диловарї бисёр кишварњоро оро додааст. Худи мардуми тољик аз ањди пайѓамбарон шурўъ намуда ба асп њурмату эњтиром гузошта-аст. Дар њамосаи “Гўрѓулї”,

аспњои дигар бо номњои Талон, Ќир, Ашќор, Ќизил ва ѓайра ёдо-вар шудаанд. Номњои зебои ин љонвари зебондон ба Гўрѓулї њусну таровати аљибе бахши-дааст. Кас баъди гўш кардани ќањрамонињо, диловарии асп дар Гўрѓулї хоњу нохоњ ба ин љонвари вафодор мењр мебандад. Бешубња, њамосаи «Гўрѓулї» моли мардуми тољик мебошад. Дар тањќиќи ин шоњасар дўсти фарњангшиноси мо Љонибеки Асрориён хизматњои

арзишмандеро ба анљом расондааст. Њамчунин, дар бораи таъриху пайдои-ши аспи тољикї олимони соња Њасани Муродиён ва Хоналї Ќурбонзода соли 2003 китоби пурарзишеро бо номи «Шоњпари инсон» аз нашр расондаанд.Ќобили зикр аст, ки дар

њамосаи миллии тољикии «Гўрѓулї» њодисаю воќеањои бо асп вобаста хеле зиёданд. Ва чуноне ки муњаќќиќи шинохта Љонибеки Асрориён зикр намудааст, дар ягон адабиё-ти олам ба мисли «Гўрѓулї» асп ин гуна диловару вафо-

дор тасвир наёфтааст. Як лањзаи дигар хеле шигифтангез ва муас-сир аст. Даме ки Аваз пањлавон ба разми душмани бадкеш Кучархон равон мешавад. Гулнор аспи па-дараш Авазхонро зин зада мемо-над. Аваз болои аспи забондон се шабу се рўз роњ мерафт. Оќибат ў ба хаймаи Кучархон наздик шуда, табли љанг зад. Њар ду љанги ху-нине намуданд. Гурзњо ба њам бархўрда, садои шамшер ба дил вањм меандохт. Дар лањзаи муш-кил асп мањмеззанон, ёлафшон ва шињакашон ба душман њамла кард ва оќибат шамшери Аваз Кучар-хонро пора-пора намуд.

...Боз аз бобои Назар ёд меку-наму симоњои ошноро мебинам. Ин дам Њикмат Ризои машњур Гўрѓулихонї дорад. Бале, ин моли њаќиќии тољикиро мањз Њикмат Ризо барин инсонњои шариф то ба њол нигоњ доштаанд. Њамосаи миллии тољикї «Гўрѓулї» боз тантана дорад. Он аз гузаштаи дур ќисса мекунад. Дар ин ќисса њама чиз зебост. Ба ман боз симои Аваз хуш меояд. Ў савори аспи са-манд талу пуштањоро убур дорад. Аспаш ёлафшон шиња мекашад, пой мекўбад ва метозад мисли бод. Аваз бошад ёлу гардани аспи забондонашро силакунон мегўяд:Љонум дар сумбот гуфт, эй

љонвар,Њушта бигир ќир, ту дар сар.Не ака дорум, не додар,Нигањбони мо Худои Акбар...... Њар гоње ки «Гўрѓулї»-ро му-

толиа мекунам, беихтиёр шефтаю шайдои аспи Аваз - пањлавон ме-гардам. Ин образ маро ба гирдо-би андешањо мебарад ва ман дар умќи дурињо боз њамон аспи ва-фодорро мебинам. Хаёлам, боз ба гўшам овози пањлавононаи Аваз мерасад, ки ў бо мењру дўстдорї аспашро ово дорад:Э љонвар,Њушта бигї ин љо ба сар,Дусткуш набошї,

душманпарвар,Њамин љо хов мекунум камтар.Агар дидї касе роњгузар,Вафодор, ай хов бикун хавар!

Маљид САЛИМ,нависанда

АСПИ ВАФОДОРИ ГЎРЃУЛЇ

...Бањодур дар Донишгоњи миллї тањсил менамуд. Дар таътили зимистона баъди супо-ридани имтињонњо ба дења ба дидорбинии модар ва барода-рону хоњарон омад. Бо таклифи таълимгоњи дења вохўрии мак-таббачагон бо хатмкунандагон - донишљўёни мактабњои олї

касбї - техникї баргузор гар-дид. Бањодур дар вохўрї ишти-рок ва суханронї кард. Баъд бо муњити таълимгоњ аз наздик ши-нос шуд. Мактаб боз њам ободу зебо ва соњиби синфхонањои нав, роњрави ободу сањни мум-фарш гардидааст. Ин вохўрї барои донишљўёну хонандагон фаромўшнашаванда хоњад буд.Бањодур дар кўча аз хатка-

шони дења рўзномањои навро гирифта мутолиа кард. Љавони хушќаду ќомате наздик омад ва баъд ањволпурсї ба Бањодур вараќаи ќаткардашудаеро да-

роз намуду хуш ба роњаш рафт. Ў вараќро кушода мутолиа на-муд.

«Салом, Бањодур. Мумкин шуморо дар ташвиш гузорам. Лекин ѓулѓулаи ишќро наме-донам. Мумкин паричењрае дар зери чашм дошта бошед. Њамсабаќони хушрую дилра-бое доред. Гар ташвиш бошад, дар байнамон бозмонад... Бо эњтиром, Рухсора». Пас аз му-толиаи мактуб симои Рухсора пеши назари Бањодур љилвагар шуд, ки чанд маротиба дар роњ дида буд. Абрўвони борикаш, мўйњои майдабофида, зулфони абрўяш, ќади расояш, чашмо-ни кабудаш, куртаи атласи ба-данаш, љузвдони китобњои да-стонаш ба ў зебу њусни гуворо мебахшид.Бањодур ба шањр баргашт,0

њамеша дар пеши назараш Рухсора буд. Хамсабаќон ме-хостанд бо ў рози дил кунанд, аммо суханони модари хушза-бонашро дигар накард, орзуи модараш бо духтарест, ки мањз ба ў маъќул бошад.Рухсора медонад, ки муњити

дења танг асту падару модараш аз пешрафти замона бехабар. Барои њамин намегузоранд, ки фарзандашон бо љавоне ё дўсташ суњбате кунад. Бањодур дар таътили тобисто-

на ба дења омад. Бисёр кўшиш менамуд, ки бо Рухсора ниши-наду маќсадашро фањмонад. Аммо бо таъкидњои Рухсора

кор мекарду ба њамсабаќонаш мактуб навишта љавоб меги-рифт. Њамеша таъкид менамуд, ки хостгорњо омада истодаанд, хостгорашро фиристад. Бањодур ба модар расонид, ки Рухсо-раро хостгорї кунад. Падару модари Рухсора хосггорњои Бањодурро хуш ќабул наму-

данд ва суханони хубе гуфтанд. Аз ин хушнудии падару модар Рухсораю Бањодур гўё пару бол кушоданд.

Аммо бародари Рухсора Њамдам аз ин кори падару модар норизост ва мегўяд, ки Бањодур аз хурдиаш дар тар-бияи модар калон шудаасту шахси роњбалад надорад. Рух-сора боз ба шумоён сарбор ме-шавад.

...Агар бетарбия мешуд, дар мактаби олї тањсил намекард, - гуфт падар, аз худ набошад, па-дар ё модар чї кор мекунад?

Аммо Њамдам бо њар гуна суханњо падару модарро розї кунонид. Рухсора аз суханњои бародараш Њамдам чї гуф-танашро намедонист ва дар танњої бо ашк аламашро меши-каст.Бањодур дигар ба ягон дух-

тар ошиќ нашуд. Ба модар ра-сонид, ки бо хости худ хостгорї кунад.Модар ба гуфтаи Бањодур

духтари зери чашмкардаашро хостгорї намуд. Аммо Бањодур ишќи аввалро фаромўш наме-кард. Баъд аз ба шањр омадани Рухсора падару модар аз кори кардаи Њамдам пушаймон ме-шаванд.Бањодур дар тарбияи па-

дар калон нашуда бошад њам, насињатњои модар па-дарона буданд. Баъд аз ит-моми Донишгоњи миллї дар таълимгоње, ки хатм намуда буд, омўзгор шуду ба кори таъ-лиму тарбияи насли наврас пар-дохт. Оиладор ва соњиби фар-занд шуд. Онњо соњибмаълумот шуданд, аз паси кору зиндагонї гаштанд.Дар байн солњо гузаштанд.

Бањодур њар гоњ бо Њамдам вохўрад, хурсандона, бо та-бассум пешвоз мегирад, аммо захми сухани ўро фаромўш на-мекунад.

ЊољибойМАЊКАМЗОДА,

омўзгор

ЊИКОЯ

ЗАХМИ СУХАН

Б Д б б

Page 14: Omuzgor #33 2013

№ 33 16-уми августи соли 201314 ОМЎЗГОР КИТОБИЁТ

Китоби «Одобулмуталлимин», ки беш аз шаш ќарн аз таърихи ни-гориши он мегузарад, аз рисолањои мухтсаре аст, ки дар мавриди порае аз шароити таълим ва тааллум ва роњу расми илмомўзї тадвин ёфта.

«Манияту-л-мурид-фи одобу-л -муфид вал мустафид» («Гулчини маќсадњои хоста дар одоби му-рид ва истифодабаранда») яке аз рисолањои Шањиди Сонї буда, ба одоби устоду шогирд ва рафтору ахлоќи донишомўз бахшида шуда-аст.Китоби дигар дар ин иртибот ри-

солаи Шањиди Сонї «Одоб таълим ва тааллум дар ислом / Нигориши доктор Сайид Муњаммадбоќири Њуљљатї.-Тењрон: Дафтари нашр ва фарњанги исломї, 1359/1980.-576с. /яке аз китобњои муњим дар тарљумаи форсї мебошад, ки дар он роњњо ва шевањои одоби таъли-му тарбиятро ба донишомўзон ва муаллимон ироа намудааст.

Бо таваљљўњ ба ин, тањќиќи ил-мии мукаммале, тањти унвони

«Муаллим ва шогирд: аз аф-кори тарбиятии Шањиди Сонї» яке аз чењрањои шинохтаи илмї ва фарњангии асрњои миёна таълиф гардида, арзиши назариву амалї пайдо менамояд. Донишманди бузург Зайниддин

ибни Шайх имом Нуриддин Алї ибни Ањмад Омули Љаъбї маъруф ба «Шањиди Сонї» дар /соли 1540-и милодї зода шуд.Шањиди Сонї дар сояи шуњрати

илмї ќарор гирифтааст ва дониш-мандони фарзона ва фозилон аз дурдасттарин минтаќањо ба пеши ў њузур меоварданд ва аз баракоти илмию ахлоќии ў бањраи кофї ме-гирифтанд.Шањиди Сонї њамеша муаллим

буд ва то охири зиндагии хеш му-аллим боќї монда, шањид шуд. Бо мазњабњои панљгонаи Љаъфарї, Њанафї, Шофеї, Моликї ва Њанбалї аз лињози илмї комилан шинос буд. Бар асоси тамоми ин мазњабњо тадрис менамуд.

Муаллифи китоби «Луълу таил-бањрайн» менависад: дар баъзе аз китобњо ва манобеи мўътабар рољеъ ба кайфияти дастгирии шањодати Шањиди Сонї дидам, ки ба дастури султон Сулаймон – подшоњи Рум (Туркияи феълї) дар Макка дар худи Масљидулњаром пас аз иќомаи намози аср дастгир шуд ва дар яке аз хонањои Макка мањбус гардид.Муддати як моњу дањ рўз дар ин

хона тањти назар ба сар бурд. Сипас, ўро бо роњи дарё ба Ќустантиния (Конистантинопол) бурданд ва дар он шањр ўро шањид карданд.Муддати се рўз љасади ў ба рўйи

замин монд ва касе ўро дафн на-кард. Саранљом бадани шарифи ўро ба дарё афканданд. Осори илмии ин донишманди

покнињод ба дањњо китоб ва ри-солаи илмї мерасад. Ба ѓайр аз машѓулиятњои дигар ва тадрис, њудуди њафтод асари илмї аз худ ба љой гузоштааст, ки мо ба бархе аз онњо даст ёфтаем.Дар китоби «Муаллим ва шо-

гирд», муаллифон осори шинох-ташудаи ин олими бузургвор ва фаќењи олиќадрро бар тартиби мавзўъ дар ёд кардаанд.А) Китобњо ва рисолањои

фиќњї; Б) Китобњои усули фиќњ; В) Китобњои марбут ба њадис; Г) Китобњои аддаъия; Д) Калом; Е) Тафсир; Ж) Нањв; З) Ахлоќ ва ир-фони динї.

Ањамияти тањќиќи ин масъала, пеш аз њама, иборат аз ин аст, ки дар он масоили наќши њикмати ис-лом дар ташаккули ѓояњои педаго-гии мутафаккирони асримиёнагї, арзишњои њаќиќии иќтидори тар-биятии ислом, маќоми маърифати динї дар низоми тањсилоти дунявї, эњтиром ба олим ва муаллим ва ди-гар масъалањои марбути онњо фаро гирифта шудааст. Њадафи муаллифон дар ин китоб

иборат аст аз: тарсимнамоии њадди аќал аз суннати фикрии шарќї ва суннати андешањои исломї дар хусуси таълиму тарбият; таъ-

риф, тањќиќ ва татбиќи љойгоњи андешањои педагогии Шањиди Сонї бо он низомњои фикрї, мах-сусан, низоми маърифати исломї.Њамчунин, бархе аз њадафњои

дигаре, ки бар ин китоб дохил ме-шаванд, иборатанд аз:

1. Шиносої ва муаррифии аф-кору андешањои Шањиди Сонї дар заминаи одоби таълиму тарбият.

2.Ошної бо мафњумњои таълиму тарбия ва тафсири он аз нигоњи муаллиф.

3.Ошної бо вижагињои одоби таълиму тарбият.

4. Хусусиятњои ахлоќии муал-лим ва шогирд.

5.Баёни куллиёти бунёдии одо-би таълиму тарбият.

6.Шиносої ва муаррифии одо-би таълиму тарбият.

7.Ошної бо далелњо ва омилњои муассири одоби муаллиму шо-гирд.

8.Муаррифии истеъдоду ќобилияти вижаи муаллим ва шо-гирд дар љараёни таълиму тарбият. Ишораи методологї: Яке аз вижагињои илм мунтазам

дигаргуншавї ва таѓйири идеяњо мебошад. Назарияњои илмї хусу-сияти муваќќатї ва муќаддимотї дорад: ба назари олим ва муњаќќиќ роњњо ва њалли он боъэтимод ва муваффаќ менамояд. Дар баъзе за-мон онњо мўътабаранд ва меъёрї њам мебошанд ва баъдан ба тав-ри маъмул аз байн мераванд ва назарияњои наву тоза ба миён мео-янд, ки барои оянда муфид арза ме-шаванд.Илм равандест, ки бунёди он

мушоњида ва тафаккур мебошад. Илм донишњои љадидро ба миён меоварад. Онро наметавон як на-зарияи мушаххас ва воњид донист, балки он равандест, ки назарияе-ро ба вуљуд меоварад ва ё онро аз байн мебарад. Осебњо сари роњи рушду пешрафти онро мегирад. Бо таваљљуњ ба чунин идея илми педа-гогикаро наметавон аз он истисно донист.Воќеан, омўзишу фарњанг ба ун-

вони падидаи иљтимоии љомеа, бо дигаргуншавии пояњои иљтимоиву сиёсї ва фарњангї тањаввул меё-бад.Аз сабаби он ки мавзўъ васеъ-

тар аст, мо муќарризони ин китоб танњо истифодаи методологияи

(системный подход) дар мисоли ин пажўњиши анљомшуда мушоњида намудем. Мактаб њамчун «низом», дар

«унсурњо»-и аслї ва технологияи худ низ дигаргун мешавад. Бо таваљљуњ ба ин, мушаххас намудани низоми сохториро мактаб аз диди низоми сохторї дар чунин шарои-ти дигаргунсозињои иљтимоиву фарњангї барои њалли таќдири онњо дар ќарни навин аз дидгоњи илмї хеле зарур ва муњим ба назар мерасад.Бояд ќайд кард, ки мафњуми

«низом» дар фарњанги педагогии ќарнњои миёна вориди истилоњоти таълиму тарбият гардидааст. Имрўз муњаќќиќон ба ин фикр афтодаанд, ки чаро чунин унсуре « низом»-ро ташкил медињад. Тарњи чунин масъала назарияњои илмии гуно-гунро ба зуњур овардаанд. Баъдан ин масъала аз љониби муњаќќиќин њамчун назарияи густурда њаллу фасл гардид. Бештари олимон ме-тодологияи низоми сохториро дар маќола ва китобњо хуб истифода карданд, вале худ нафањмиданд, ки ин њамон методология маълум аст.Дар китоб Муаллим (М) ва Шо-

гирд (Ш) ба унвони унсури аслї дар низоми мактаб (донишгоњ) маври-ди истифода ќарор гирифтаанд.

1. Муаллим Дар китоб «Муаллим» – асоси-

тарин унсур дар низоми омўзиш ва парвариш аст, ки наќши роњнамо ва њидоятгариро мебозад. Дар њар низоми омўзишї таваљљуњ ба муаллимон ва иљрокунандагони барномањо ва тарњњои омўзишї ба сифати муњимтарин омили муваффаќият ё шикастдињандаи навъоварињои омўзишї матрањ ме-шаванд. Баъзе мањдудиятњо ва монеањои

боздоранда дар иртибот бо инти-хоб, љазб, љойгоњ ва масъулияти му-аллим, нигањдорї, фароѓат, сатњи тахассусї ва касбї, омўзишњо ва арзишњои њирфаии муаллим ва аф-зоиши ширкат ва њамкории гурўњии онњо ба шарњи зерин аст:

1. Интихоб ва љазби муаллим; 2. Љойгоњ ва масъулияти муаллим; 3. Таваљљуњ ба маќому манзалат ва шароити маишию кайфияти муал-лим; 4. Сатњи тахассусї ва касбии муаллим; 5. Тарбияти муаллим ва

омўзиши гуногунљанбањои ў; 6. Њамкории гурўњии муаллимон.

2. ШогирдБаррасии таърифи ба амалома-

да дар ин китоб нишон медињад, ки шогирд мавзўи аслї ва мењвари омўзиш ва парвариш аст. Њамчунин нигоњи мухтасар ба вазифањо ва коркарди низомњои омўзишї аз да-ричаи таваљљўњ ба шогирд нишон медињад, ки онњо бояд ба тањаќќуќи њадафњои зер кўмак кунанд:

1. Кўмак ба шогирдон барои касби дарки аниќтаре аз љањон.

2. Љалб кардани шогирдон ба-рои азбаркунї ва омўзиш.

3. Омода кардани шогирдон ба-рои созгоршудан ба таѓйирот.

4. Кўмак ба рушди шахсият ва мањорату њунари шогирд.

5. Ќобилияти вижаи тафаккур ва нигоњи мустаќил ба масъалањо.

6. Омода кардани шогирдон ба-рои шуѓли муайян.Бо таваљљух ба ин мавридњо

дар ин китоб мулоњиза мешавад, ки муњимтарин њадафњои низоми омўзиш ва парвариш дар хусуси шогирд шакл мегирад ва шогирд ба сифати мухотаби аслии мактаб (донишгоњ), мењвари муњиме аст. Лозим ба ёдоварист, ки ин аф-

кору андешањои олими шинохта беш аз панљсад сол ќабл ироа гар-дидааст ва муътабар њам мебошад ва шояд баъзе нуктаи назарњо барои љомеаи имрўзи мо камтар ќобили пазириш бошад ва ба њар њол ба чунин андешањо бояд аз на-зари интиќодї ва воќеият нигари-стан лозим аст.Умед аст, баррасї ва эњёи

андеша ва афкори тарбия-тии Шањиди Сонї бори дигар роњкушо ва машъали фаросўи алоќамандон ва муштоќони илму дониш дар љодаи расидан ба њадаф бошад.Китоби мазкур барои

муњаќќиќон, пажўњишгарон ва сойири толибони илму дониш пешнињод мегардад ва пиромуни афкор ва андешањои тарбиятии ин абармарди бузурги таърихи илми педагогика иттилои бештаре пайдо мегардад.

Файзулло ШАРИФЗОДА,

Ирина КАРИМОВА,академикони Академияи тањсилоти Тољикистон

АФКОР «МУАЛЛИМ» ВА «ШОГИРД» ДАР РУШДИ ТАЊЌИЌ

Китоби «Одобулмуталлимин»,

баБЊЊшм

баршкпМп

НИГАРОНЇ

Масалан, барои таълими фанни гео-графия дар мактабњои миёнаи тањсилоти умумї китобњои дарсї, харитањои деворї ва харита-атласњо чоп карда шудаанд. Китобњои дарсии «Геогра-фия Тољикистон» (нашри соли 2009) «Географияи табиї» (нашри соли 2011), «Географияи материкњо ва уќёнусњо» (синфи 7, нашри соли 2012) ба табъ ра-сиданд. Аммо теъдоди китобњои дарсии «Географияи Тољикистон (с.8)» хеле кам буда, ин китоб на ба њамаи хонанда-

гон дастрас гардид. Албатта, њамаи ин китобњо бе камбудї нестанд. Бояд ќайд кард, ки китоби дарсии «Географияи иќтисодї ва иљтимоии љањон» (барои синфи 9-ум (нашри с.2006) бо ду забон навишта шудааст.Матнњои китоб бо забони тољикї

ва харитањо хеле хурданд, ки бо чашм онњоро хонда намешавад.Дар синфњои 6,7,9 бошад, то њоло мо аз

харитањои чопи Россия истифода мебарем. Хонандагон дар ваќти истифодаи атлас-харитањо, чун забони русиро хуб намедо-нанд, хеле душворї мекашанд. Агар ин атлас-харитањо ба монанди харита-атлас барои синфи 8-ум, ба забо-ни тољикї чоп карда мешуд, омўхтани иншоотњои (объектњои) географї осон мегардид. Бар-номаи фан-ни география бошад, њанўз соли 2002-юм чоп шудааст ва ниёз ба таѓйирот ва тањрир дорад. Хуб мешуд, ки ба-

робари чоп шудани китобњои дарсї бар-номаи љадиди фаннї низ нашр карда мешуданд. Китоби дарсии «Географияи табиї» (нашри соли 2011) аз рўи њафтае 2 соат тањия шуд. Аммо дар наќшаи таълими барои омўзиши ин фан њафтае 1 соат људо карда шудааст. Дар ин ки-тоб боз мавзўъњои нав илова карда шу-дааст. Географияи табиї, ки тањкурсии асосии фанни география мебошад, бояд њафтае 2 соат омўзонда шавад.Акса-рияти омўзгорон ин барномаро (с.2002) дар даст надоранд, дар тањияи наќшаи таќвимї-мавзўї ба душворињои зиёде рў ба рў мешаванд.

Њамчунин, бояд ќайд кард, ки дар синфи 10 аз фанни гео-графия (равияи табиию

математикї барои соњаи биологию ге-ографияи) њафтае 5 соат људо шуда-аст, вале барно-маи худро надо-рад.

Мањмудхон УБАЙДОВ,

муаллими мактаби №51-и ноњияи Рўдакї

ГЕОГРАФИЯ:

С.Сулаймонї И.Холматов «Муаллим ва шогирд: аз афкори тарбиятии Шањиди Сонї», Душанбе, «Ирфон», 2013. 162 с.

БАРНОМАЊО КЎЊНААНДТавре ки раиси Хадамоти алоќаи назди

Њукумати Љумњурии Тољикистон Татяна Холмуродова дар нишасти матбуотї ба ха-барнигорон гуфт, то имрўз дар љумњурї шу-мораи муштариёни алоќаи мобилї ба зиёда аз 9, 9 миллион расидааст, (6, 1 миллион нафари онњо фаъоланд). Дар баробари ин, теъдоди муштариёни Интернет дар якљоягї бо истифодабарандагони интернети мобилї 3, 8 миллион нафарро ташкил медињад, ки нисбат ба соли гузашта 2, 2 миллион тамою-ли афзоиш дорад. Айни њол ба њар сад на-фар шањрванди љумњурї 4, 5 адад дастгоњи телефонии собит, 62 адад дастгоњи телефо-нии мобилии фаъол рост меояд ва аз њар 100 нафар 47, 2 нафар истифодабарандаи шабакаи Интернет мебошанд. Обунашавї ба рўзномањо 277, 5 њазор нусха, дастрасна-моии матбуоти даврї 5366, 7 њазор ададро ташкил додааст. Хизматрасонии пулакї бо-шад, ба ањолї аз рўйи фаъолияти асосї 902, 1 њазор сомониро ташкил додааст. Дар нишаст ќайд гардид, ки дар шањри

Душанбе 11 ва дар ноњияи Рўдакї 1 санљиши наќшавї гузаронда шуд. Санљиши 8 нуќтаи истифодаи умум ва 1 нуќтаи истифодабарии Интернет гузаронда шуд. Аз амалиёти маз-кур ба буљети давлатї зиёда аз 1ё 0, 9 њазор сомонї ворид гардидааст.

Њотами ЊОМИД, «Омўзгор»

ФАЪОЛИЯТБЕЊТАР МЕШАВАД

НИШАСТИ МАТБУОТЇ

Page 15: Omuzgor #33 2013

№ 33 16-уми августи соли 2013 15ОМЎЗГОР ФАЪОЛИЯТ ОМЎЗГОРОНИ МО ФАРОЃАТ

Саймуњиддин Маллаев яке аз 6 фарзанди баркамоли мўйсафеди Ёдгор Маллаев аст, ки онњо дар хољагии љамоавии «Комсомол»-и ноњияи Кўйбишев (њоло А. Љомї)-и вилояти Хатлон зиндагї доштанду аз муњољирони кишо-варзии охири солњои 40-уми Вах-шонзамин буданд. Падар чандин бор Саймуњиддинро ба дараи зебоманзари Камароб ба саёњат меовард. Саймуњиддин соли 1980 мактаби миёнаи раќами 17-и љамоати Иттифоќи ноњияи Куйбишевро хатм карду шомили Коллељи омўзгории шањраки Навободи ноњияи Рашт гардид. Соли 1985 ўро ба мактаби Дењаи Хољаалї - њамон дењаи дар собиќ сернуфуз, ки мардумаш ба ноњияи Љомї ва баъзењо ба дењаи Хољапанљи шањри Панљакент барои пайвастан бо пайвандо-нашон – мудирони Халифа Њасани Мироб муњољир шуданд, ба кор омад. Њамин тавр, пи-сари дуввумии бобои Ёдгор орзуи дар зодгоњ кору зиндагї кардани падарро амалї намуд. Аммо падар соли 1994 фавтид. С.Маллаев аз моњи августи соли 2010 инљониб директори мактаб мебошад. Саймуњиддин дар бароба-

ри дарки масъулияти роњбарї ба коллективи омўзгорї, аз он ифтихорманд аст, ки коллек-тиви ањлу тифоќро созмон дода тавонист. Ў нек медонад, ки яке аз зинаи

ташаккулдињандаи шахсияти кўдакону наврасон муассисањои тањсилоти умумии миёна мебошад. Имрўз кору пайкори ў рўи ана њамин андешањои созандагию бунёдко-рист…Дењаи кўњдоман (собиќ Каврак) дар

резишгоњи оби дараи хушманзараи Ка-мароб ба оби дарёи Сорбоѓ аст. Макта-би раќами 42 бошад, дар байни дењањои Хољаалї ва Каврак, дар ќисмати ѓарбии резишгоњи Камаров дар баландї бунёд шуда, бо намо ва мавќеи љойгиршавиаш ба

њусни мањал њусни тоза бахши-дааст.Дар соли тањсили 2012-2013

теъдоди хонандагони мактаб 245 нафарро ташкил медод, ки 110 нафарашон духтаронанд. Хонандагон асосан фарзандони сокинони дењањои Кўњдоман, Хољаалии боло ва поён, Ру-воз, Кшимбоѓ (њоло Боѓистон), Пигнон ва Шингилич њастанд. Аз 18 нафар омўзгорони мак-таб 7 нафар занњоянд. Маври-

ди зикр аст, ки бо љорї гардидани Квотаи Президентї сафи омўзгор аз њисоби занњо зиёд шуда истодаанд. Њоло дар мактаби №42 њам шаш нафар духтарон кор меку-нанд ва як нафари дигар дар ДДЗ ба номи Сотим Улуѓзода тањсил карда истодааст. Аз 19 нафар хатмкунандаи имсолаи синфи 11-и мактаб низ аксарият духтаронанд.С.Маллаев кўшиш дорад, ки аз 21 нафар

хонанда, ки имсол синфи нуњумро хатм ме-кунанд, њамаашон ба зинаи сеюми тањсил ба пуррагї љалб карда шаванд.

С.ИСКАНДАРОВ,«Омўзгор»

ТАЪТИЛ

ОМОДАГЇ

НОМБАРДОРИ ПАДАР

Бояд ќайд намуд, ки шуъбаи маорифи шањри Вањдат дар њамкорї бо ку-митаи иттифоќи касабаи кормандони соњаи маориф ва илми шањр њар сол ба мавсими ќабули хонанда-гон ба истироњатгоњ тайё-рии љиддї мебинанд ва то ба истироњатгоњ фаро ги-рифтани хонандагон дар ин љо корњои зиёде анљом дода мешаванд. Ногуфта намонад, ки солњои љанги шањрвандї ва обхезињои солњои 1993-1994 аз иншоотњои истироњатгоњ ќариб нишонае намон-да буд. Вале кормандони шуъбаи маориф бо даст-гирии маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї ин мавзеъро та-вонистанд аз нав обод со-занд. Бо тариќи њашар ва кўмакњои молии њукумати шањр дар ин љо се бинои нави њозиразамон ќомат рост кард. Баъд ошхона, майдончањои варзиш, њавзњои шиноварї, майдо-ни боѓот сохта ба истифо-да дода шуданд. Тариќи њашарњои ободонї дар муддати 10 соли охир дар ин мавзеъ зиёда аз 10 њазор нињолњои мевадињандаву сояафкан парварида шуданд. Мавзеъ зебову дилкаш гардид. Сохта-

ни ошхонаи барњаво ва таъминоти он бо тамо-ми лавозимоташ барои истироњаткунандагон тамоми шароитњоро фароњам овард. Сарвари истироњатгоњ Бегиљон Хайрова бо кормандо-наш тамоми сол пайи нигоњубин ва ободонии ин мавзеъ кўшиш меку-нанд.Њамин тавр, соле нест,

ки дар 2-3 баст 450-500 на-фар мактаббачагон ин љо дам нагиранд. Соли љорї низ шуъ-

баи маориф ва кумитаи иттифоќи касабаи кор-мандони соњаи маориф ва илми шањри Вањдат барои ќабули навбатии хонандагон омодагии хуб

диданд. Истироњатгоњро аз нав таъмиру тармим намуда, баробари кишти сабзавот дар заминњои истироњатгоњ, ќад-ќади роњу гулгаштњои он гулњои гуногуни яксо-ла шинонданд, ки саб-зиши онњо ба мавзеъ њусну таровати тоза бахшид. 17-уми июн истироњатгоњ аввалин истироњаткунандагонро ќабул кард.Њамин тавр, дар ду

баст 300 нафар хонанда-гон дам гирифтанд. Ин дафъа кумитаи иттифоќи касаба тибќи њамкорї бо ташкилотњои ибти-доии иттифоќи касабаи мактабњо ва сарварони мактабњо хонандагони оилањои камбизоат ва ятиму бепарасторро ба-рои дамгирї даъват на-муданд.Дар басти сеюм дар

«Њамсафар» 80 нафар ги-рандагони идрорпулии Президенти кишвар ва раиси шањри Вањдат ба тариќи ройгон истироњат хоњанд кард.

Саидмурод ИСКАНДАРЇ,

Шодї РАЉАБЗОД,«Омўзгор»

насабистрогулла зишњусбаистистќа

ИСТИРОЊАТ ДАР «ЊАМСАФАР»

Фароѓатгоњи «Кайњон» дар дараи Ромит љойгир мебошад. «Кайњон» чанд сол боз фаъолият мекунад. Воќеан, чу-нин ном гирифтани истироњатгоњ бењуда нест, зеро он ба Кумитаи иттифоќњои касабаи Фурудгоњи байналмилалии шањри Душанбе мансубият дорад. Имсол «Кайњон» дар се баст бачањоро

аз гўшаву канори љумњурї ба оѓўши худ

гирифт. Низоми фароѓати бачањо ба фа-ъолияти мураббиён (аз мактаби раќами 3-и шањри Вањдат) хуб роњандозї гар-дида буд. Бачањо дар давоми истироњат аз тамоми намудњои фароѓати варзиши-ву њунарї, оббозї, тановули бењтарин ѓизоњо, ѓамхории духтурон, хоби

бароњат ва тамошои намоишњои њунарї бањравар гардиданд. Њафтаи гузашта расми анљом ва

ё пўшидашавии истироњатгоњ су-рат гирифт. Дар он раиси Федерат-сияи иттифоќњои касабаи љумњурї Муродалї Солењов, намояндагони як ќатор кумита, падару модарон ва чанд нафари дигар иштирок ва суханронї

намуданд. Зикр гардид, ки имрўз ташкил намудани истироњатгоњ дар чунин мавзеъњо заминаи устуво-ри рушди фардои љомеа дар мисоли шахсияти истироњаткунандагон ме-бошад. Ба директори

истироњатгоњ Соњибназар Муъминов ва 12 нафар корманди фаъоли дигар Ифтихорномаи Куми-таи иттифоќњои касабаи Фурудгоњи байналми-лалии шањри Душанбе таќдим гардид. Бачањо бо шеъру

сурудхонї ва сањначањои љолиб хотири мењмононро болида гардониданд. Аз чењрањои онњо эњсоси ќаноатмандї ва хушњолии беандоза мушоњида мегар-дид.

Зулфия СУЛТОНОВА, сармураббии истирњатгоњи «Кайњон»

«КАЙЊОН» ВА АНЉОМИ ИСТИРОЊАТИ БАЧАЊОСарвари мактаби №53-и шањр Рухшона Розиќова дар рухсатии мењнатї бошанд њам, ўро дар мактаб сар-гарми кор дарёфтем. Зимни суњбат ў иброз намуд, ки барои таъмири мактаб аз буљаи њокимияти мањаллї 58 њазор сомонї људо шудааст. Корњои таъмириро ЉДММ «Ўњда» бо сифати баланд ба анљом расонида истода-анд. Дар мактаби тањсилоти миёнаи умумии №3-и шањр бошад, таъмир дар арафаи анљомёбист. Њангоми аз назар гузаронидани гирду атрофи бинои мактаб чаш-мамон ба сохтмони нота-моми шањрвандон бархўрд, ки њудуди замини мактабро ѓайриќонунї аз худ кардаанд. Њангоми суњбат бо директо-ри мактаб Гулмадова маълум шуд, ки ба маќсади баргар-донидани ќитъаи замини ба мактаб тааллуќдошта якчанд маротиба ба њукумати шањр ва Кумитаи заминсозии шањр ба таври хаттї мурољиат намудаанд, вале то кунун натиљае њосил нагардидааст. Директори мактаби №5 За-рафшон Муродова зимни суњбат бо мо имроз дошт: - Барои таъмир аз буљаи њокимияти мањаллї 12 њазор

сомонї људо гардидааст. Маблаѓи мазкур пурра ис-тифода бурда шуд. Таъмири дохили бино бо кўмаки раи-си АВО-и мактаб бо маблаѓи 6482 сомонї пурра ба анљом расонида шуд.Дар сањни њавлии макта-

би №9-и шањр, ки хеле тозаву озода буд, моро директори он А.Замонов пешвоз гирифт. - Таъмиру тармими синфхо-наю утоќњои фаннї ва ќисми берунии биноро пурра ба анљом расонидем, мактаб ба соли нави хониш пурра тайёр аст, - гуфт ў. Дар кори таъ-миру барќарорсозии мактаб њиссаи коргарони Љамъияти дорои масъулияташ мањдуди «Шањрсоз-К» калон мебо-шад. Дар кори таъмиру тар-мими бинои мактаб њиссаи АВО-и мактаб хеле назаррас мебошад. Бо вуљуди њамин, сифати таъмири мактаб паст буда, дару тирезањо ќисман рангу бор нашудааст. Роњбалади шуъбаи маорифи шањр моро ба мактаби №27 овард. Дар рафти суњбат ба директори муассиса Масаи-дов маълум гардид, ки ба-рои таъмир 15 њазор сомонї људо гардидааст, айни за-мон 12111сомонї истифода шудааст. Дар ин мактаб, ки

зиёда аз 63 нафар омўзгор ва 1077 нафар хонанда фаъо-лият мекунанд, оби нўшокї нест. Дарахтони гирду атро-фи мактаб рў ба хушкшавї овардаанд. Мактаби №52 аз дигар мактабњои тањсилоти миёнаи умумии шањр дар масофаи начандон дур ќарор дорад. Омўзгорону корман-дони техникии мактаб бо як рўњияи ќавї, бо дили гарм ба таъмир машѓул буданд. Дар шуъбаи маорифи шањр

мо бо љонишини мудири шуъ-ба Њабибулло Рањимов суњбат намудем. Маълум гардид, ки дар ќатори мактабњои № 52, 53, 5, 9, 27 боз 48 мактаби дигари шањри Кўлоб барои таъмир аз њисоби буљет маблаѓњои худро дастрас кардаанд. Барои таъ-миру омодагї ба мавсими нав тамоми муассисањои таълимї, ки шумораи хонандагонашон дар маљмўъ беш 40 000 нафар-ро ташкил мекунад, то рўзи 30-юми июл 706 796 сомониро аз худ кардаанд, ки 86%-и со-лонаро ташкил мекунад. Њ. Рањимов гуфт, барои пурра њисобї намудани маблаѓи таъ-мири муассисањои таълимии шањр мо тамоми имкониятњои молиявиро дорем ва дар ин самт ягон душвории молиявї эљод намешавад. Новобаста ба баъзе муш-

килот, роњбарони мактабњо мекўшанд, ки ба мавсими соли нави хониш мактабњоро пурра омода намоянд.

Шариф АБДУЛЊАМИДОВ

«Омўзгор»

КЎЛОБ: МАКТАБЊО БА ЌАБУЛИ ХОНАНДАГОН ТАЙЁРАНД?

Page 16: Omuzgor #33 2013

№ 33 16-уми августи соли 201316 ОМЎЗГОР

Суњбати љонпарвар аст суњбати «Омўзгор»

Муассис: Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон

Сармуњаррир: Ноилшо НУРАЛИЕВ

Њайатитањрир:

Н.САИДОВ, Ф.РАЊИМОВ, Т.МАЊМАДОВА, Ф.ИСМОНОВ, А.РАЊМОНОВ, М.САЙФИДДИНОВ, А.МУРОДЇ (љонишини сармуњаррир)

Почтаи электронї: [email protected]Сайти њафтанома: www.omuzgor-news.tj

Суроѓа: 734024, ш.Душанбе, к.Нисор Муњаммад, 13а. Телефонњо: ќабулгоњ – 221-63-36, љонишини сармуњаррир – 227-36-29, котиби масъул ва шуъбањо – 227-25-49

Њафтанома дар Муассисаи ХЊЊФ «Мушфиќї» ба табъ расидааст. | Индекси обуна – 68850 | Адади нашр: 29 440 нусха | Тарроњ: С. Ниёзов | Њуруфчинон: О.Љабборова ва Ш. Зафарзода

«Омўзгор» дар Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон тањти раќами 21Р – 405 19.12.2000 сабти ном шуда, тањти раќами 0018/рз, аз 14.09.2007 дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон аз нав номнавис гардидааст. Нашрия ба хотири чандандешї маводе низ ба табъ мерасонад, ки идораи њафтанома метавонад бо муаллифон њамфикр набошад ва барои онњо масъулият ба уњда нагирад. Дастхатњо ва суратњо ба муаллифон баргардонида намешаванд.

ОМЎЗГОР

ХАНДАРЕЗПАНЉ ЛАТИФА

АНЉОМ

- Њељ гоњ бо одами аблањ бањс ма-кун .

- Чї, ман бо шумо бањс кардам?***

Духтур; - Бемор, мебахшед, ман дандо-

ни солиматонро кандаам. Њозир

дигарашро, дардмандашро…- Њељ гап не, хайрият, шумо духту-

ри чашм нестед.***

- Чаро дар тўй арўс њамеша бо либоси сафед асту домод бо либоси сиёњ?

- Ин як навъ рамзи ѓалабаи ќувваи некї бар бадист.

***Духтур:- Бону, ба шавњари шумо оромї

лозим аст. Ман як дору таъин меку-нам.Зан:- Доруро кадом ваќт ба шавњарам

дињам? Духтур:- Шавњаратон не, худатон бояд

хуред.***

- Биёед, Њалимро фиреб медињем; ба љои шарбат ба пиёлааш шароб мерезем.

- Ин тавр бошад, дўстон, биёед, бењтараш маро фиреб дињед.

ЭЪТИБОР НАДОРАДШањодатномаи гумшудаи Т-ШТУ №0330643,

ки онро соли 2001 гимназияи №53-и ба номи Муњаббат Мањмудоваи ноњияи Сомонї ба Икро-мов Суњроб Саидмирзоевич додааст, эътибор на-дорад.Шањодатномаи гумшудаи №130648, ки онро

соли 1985 мактаби №12-и ноњияи Сомонї ба Нор-матова Парвина Нурматовна додааст, эътибор надорад.Шањодатномаи гумшудаи АБ №001680, ки

онро соли 1996 мактаби №42-и ноњияи Фирдавсї ба Исматова Зуњро Тоировна додааст, эътибор

надорад.Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТУ №0599107,

ки онро соли 2013 мактаби №21-и ноњияи Шоњмансур ба Оќилова Азиза Абдуллоевна до-дааст, эътибор надорад.Шањодатномаи гумшудаи № 150305, ки онро

соли 1993 литсейи №55-и ноњияи Шоњмансур ба Давлятова Таманно Бобобековна додааст, эъти-бор надорад.Шањодатномаи гумшудаи № 779769, ки

онро соли 1980 мактаби №33-и ноњияи Сино ба Муњиддинов Мунис додааст, эътибор на-дорад.

ОБУНА БА ЊАФТАНОМАИ «ОМЎЗГОР» БАРОИ СОЛИ 2014 ОЃОЗ ГАРДИД

Хоњед, ки дар соли 2014 аз навгонињои соњаи маориф огоњ бошед, амру фармонњои вазири маориф ва да-стуру санадњои Вазорати маорифро сари ваќт дастрас намоед, аз таљрибаи њамкасбон огоњ гардед, таљриба, анде-ша, дархости худро пешнињод карда тавонед, ба њафтаномаи дўстдоштаи худ – «Омўзгор» обуна шавед.

РМБ 350101626РМА 010009400Ба «Омўзгор»

СУРАТЊИСОБИ МО:Нархи обуна барои як сол бо тамоми хизматрасонињо 80 сомонї аст.

ДХ БДА љТ «Амонатбонк» с/њ 20202972200817101000њ/м 20402972316264

ЭълонЛитсеи Техникии Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи ака-

демик М.С.Осимї омўзгоронро аз фанњои забони давлатї ва адабиё-ти тољик, забони русї, забони англисї, алгебра, химия ва физика ба кор ќабул менамояд. Телефонњо ба хоњишмандон барои маълумоти иловагї: 239-70-62, 919-30-71-12

ДАР БОРАИ ЌАБУЛИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ТАЊСИЛ ДАР КУРСЊОИ ПЕШАЗДОНИШГОЊИИ (КУРСЊОИ ТАЙЁРИИ) МУАССИСАЊОИ ТАЊСИЛОТИ ОЛИИ

КАСБИИ ЉУМЊУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ДАР СОЛИ ТАЊСИЛИ 2013-2014Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон барои тањсил дар муассисањои тањсилоти олии касбии

Љумњурии Исломии Эрон ќабули довталабонро эълон менамояд.Ба имтињони ќабул шањрвандони Љумњурии Тољикистон, ки дорои тањсилоти миёнаи умумї мебо-

шанд ва бо бањои хубу аъло тањсил намуда, хатти форсиро хуб хонда ва навишта метавонанд, роњ дода мешаванд. - Инчунин, аз рўи ихтисосњои номбурда донишљўёни курсњои якуми муассисањои тањсилоти олии чумњурї низ дар озмун иштирок карда метавонанд.Иштирокчиён ва ѓолибони олимпиадањои шањрї, ноњиявї ва љумњуриявї, дорандагони шањодатнома

ва дипломи аъло метавонанд дар озмун фаъолона иштирок намоянд. Довталабон бояд њуљљатњои зеринро дар ду нусха ба хатти форсї ба комиссияи ќабул пешнињод на-

моянд:а) анкета (дар комиссияи ќабул пур карда мешавад);б) нусхаи аттестат;в) гувоњномаи тиббї (справка ) оид ба гирифтор набудан ба бемории СПИД;г) гувоњномаи тиббии намуди 086; ѓ) нусхаи шиносномаи шањрвандї; д)нусхаи шањодатномаи таваллуд; е) 4 дона расми 3x4Барои довталабоне, ки ба муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Исломии Эрон ќабул ме-

гарданд, тањсил ба таври буљавї буда, дар њолати бо бањои хубу аъло тањсил намудан ва интизоми намунавї доштан ба онњо дар њаљми барои шањрвандони Љумњурии Исломии Эрон муќарраргардида стипендия дода мешавад. Масрафи роњ то љои тањсил ва бозгашт ба уњдаи худи донишљўён мебошад. Донишљўён бо хобгоњ таъмин карда мешаванд, ки маблаѓи пардохти зист ба андозаи ба шањрвандони Љумњурии Исломии Эрон муќарраршуда баробар аст. Хизматрасонии тиббї дар асоси суѓуртаи тиббї муќаррар шуда, барои донишљў дар њаљми 250 (дусаду панљоњ) доллари амрикої муайян гардидааст.Њуљљатњои довталабон дар Муассисаи давлатии «Маркази барномањои байналмилалї» (шањри

Душанбе, кўчаи Мирзо Турсунзода- 47, тел: 221-11-75) аз 01-уми август то 20-уми августи соли 2013 (аз соати 9: 00 то 17: 00) ќабул карда мешаванд.Имтињони ќабул охири августи соли 2013 дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази барномањои

байналмилалї» дар шакли суњбат ва имтињони тестї аз рўи ихтисос дар заминаи барномањои таълимии мактабњои тањсилоти умумї доир мегардад.Довталабон баъди гузаштан аз озмун, њамчунин дар Љумњурии Исломии Эрон аз суњбат мегуза-

ранд.Эзоњ: Донишљуёни соњиби бурсия гардида, љињати ихтисоси интихобкарда ва тањсили минбаъда бо

Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон ќарордоди дуљониба ба имзо мерасонанд, ки иљрои он аз њарду љониб њатмист.

Иваз кардани ихтисосњо њангоми тањсил ќатъиян манъ аст.Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон

ЭълонВазорати маорифи

Љумњурии Тољикистон ба таваљљуњи шањрвандони Љумњурии Тољикистон ме-расонад, ки иљозатномаи (силсилаи АУ №0000766) оид ба њуќуќи пешбур-ди фаъолияти таълимии «Маркази технологияњои таълими фосилавї»-и Ака-демияи муосири гуманита-рии шањри Москваи Феде-ратсияи Россия воќеъ дар шањри Душанбе хиёбони Саъдии Шерозї 6, тибќи фармоиши Вазири маори-фи Љумњурии Тољикистон аз 15.05.2012, №807 беэъ-тибор дониста шудааст. Њамзамон, таъкид карда мешавад, ки диплом дар бораи тањсилоти олии касбї, ки аз тарафи мар-кази мазкур ба хатмкунан-дагон дода мешавад дар Љумњурии Тољикистон эъ-тироф намегардад.