16
47 (11908) 22 ноябри соли 2013 Бењин фарди љањон омўзгор аст, Аз ў сарсабзу хуррам рўзгор аст www.omuzgor-news.tj НАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ЊАФТАНОМА АЗ 20-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 1932-ЮМ НАШР МЕШАВАД ОМЎЗГОР ÄÀÐ ÈÍ ØÓÌÎÐÀ: МЕЊРНОМА Рўзи бахтат рў намояд бо тулўи офтоб, Дар њавоят мезанад љуфти кабўтар печутоб. Њар касе бинад чунин дунёи рангини туро, Мешавад ўро зи шодї дил даруни сина об. Тољикистон, бахти ман, дунёи зебои манї, Бе ту дунёе надорам, як ту дунёи манї! Кўњњои сарбаландат сарбаланди оламанд, Обњои нуќрасонат шањди љони одаманд. Дар замини ту фишонда Хизр баски доманаш, Даштњои ту, аз ин рў, дар саховат Њотаманд. Тољикистон, бахти ман, дунёи зебои манї, Бе ту дунёе надорам, як ту дунёи манї! Субњи умедам зи файзи ту муаттар мешавад, Чењраи поки ту дида, дил мунаввар мешавад. Чун надонад носипосе ќадри обу хоки ту, Шоњи олам гар шавад, охир ќаландар мешавад. Тољикистон, бахти ман, дунёи зебои манї, Бе ту дунёе надорам, як ту дунёи манї! Äóí¸è çåáîè ìàí! Раљаби МУСУЛМОНИЁН Савгандёдкунии Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон 16 ноябри соли равон мароси- ми ба иљрои вазифаи Президен- ти Љумњурии Тољикистон шурўъ намудани роњбари навинтихоби давлат Эмомалї Рањмон баргузор гардид. Маросими мазкур дар Ќасри Миллат оѓоз гардида, дар Кохи Сомони бўстонсарои шањрии Њукумати Љумњурии Тољикистон идома ёфт ва дар майдони Дўстии пойтахт бо савгандёдку- нии Ќуввањои Мусаллањи киш- вар ба Президенти навинтихоби Љумњурии Тољикистон ба поён расид. Маросими ба иљрои вазифа шурўъ намудани Президенти на- винтихоби кишвар дар толори шишагини Ќасри Миллат бо су- пурдани шањодатномаи Прези- денти Љумњурии Тољикистон аз љониби Раиси Комиссияи мар- казии интихобот ва раъйпурсии Тољикистон ва Нишони Прези- денти Љумњурии Тољикистон аз љониби Раиси Суди Конститутси- онии кишвар ба Эмомалї Рањмон оѓоз ёфт. Њамзамон, бо супурдани шањодатнома ва Нишони Пре- зиденти Љумњурии Тољикистон ба Эмомалї Рањмон дар толо- ри тантанањои Кохи Сомони бўстонсарои Њукумати Љумњурии Тољикистон Раиси Маљлиси мил- лии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Мањмадсаид Убай- дуллоев ва Раиси Маљлиси на- мояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Шукурљон Зуњуров тибќи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон љаласаи якљояи шашуми Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагонро, ки ба маросими савгандёдкунии Прези- денти Љумњурии Тољикистон бах- шида шудааст, бо иштироки даъ- ватшудагон ифтитоњ намуданд. Дар толор аъзои Маљлиси миллї ва вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, аъзои Њукумати мамлакат, роњбарони намояндагињои дипломатии кишварњои хориљї, собиќадорони љангу мењнат ва намояндагони ањли љомеа њузур доштанд. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон барои ёд кардани сав- ганди Президенти навинтихоби Љумњурии Тољикистон аз Ќасри Миллат берун омада, љониби Кохи Сомони бўстонсарои Њукумати Љумњурии Тољикистон равон шуд. Бо эълони наттоќ Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ба толори тантанањои савгандёдкунї зери оњанги му- тантан ва марши ифтихорї ворид шуд. Президенти навинтихоби Љу- мњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ба болои подиум ба- ромада, баъди эълони наттоќ мутобиќи Конститутсияи (Сарќо- нуни) Љумњурии Тољикистон дасти рост ба болои Консти- тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон гузошта, савганд ёд кард. Сипас, Сарвари давлат Эмо- малї Рањмон чанд ќадам ќафо рафта, бо нимтаъзим Парча- ми давлатии Љумњурии Тољи- кистонро бўса намуд. Баъд аз ин Суруди миллии Љумњурии Тољикистон садо дод. Президенти Љумњурии Тољи- кистон Эмомалї Рањмон, ки аз ин лањза ба марњилаи нави роњбарии давлат расман ворид шуд, дар назди њозирин суханронї намуд. Баъди анљоми суханронї Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмон бо эълони наттоќ тањти мусиќии ифтихорї ва кафкўбии бардавоми њозирин ба маросими гулгузорї ба пояи Муљассамаи Вањдати миллї ва эњёи Тољикистон ва савганд ёд намудани афроди Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон ба Президенти Љумњурии Тољи- кистон ба майдони Дўстии пой- тахт рањсипор шуд. Ањли толори тантанањо ќисмати дуюми ма- росими ба иљрои вазифа шурўъ намудани Президенти Љумњурии Тољикистонро дар њамон толор аз мониторњо тамошо карданд. Президенти Љумњурии Тољи- кистон Эмомалї Рањмон бо мошини болокушода њамроњи эскорти мотосиклњо ба хиёбони Рўдакї баромад. Аз ду љониб дар тўли роњ то Муљассамаи вањдати миллї ва эњёи Тољикистон ўро намояндагони ањли љомеа бо як љањон њисси эњтирому самимият ва мењру муњаббат шодбош ме- гуфтанд. Ќофилаи мошинњои Прези- денти Љумњурии Тољикистон дар рў ба рўи пайкараи Исмои- ли Сомонї, ки љузъи марказии муљассамаи Вањдати миллї ва эњёи Тољикистон аст, ќарор ги- рифт. Дар ин љо роњбарони сохторњои ќудратии мамлакат вазири му- дофиа, вазири корњои дохилї, ра- (Давомаш дар сањ.2) Тољикистон, парчамат поянда бод! Парчам ифтихори миллат сањ. 5 Иштибоњ аз дигарон, ислоњ аз мо Мизи мудаввар дар мавзўи «Китоби дарсї ва масоили имло» сањ. 7 7 Таълими њамгиро: дастовард ва муваффаќиятњо дастовард ва муваффаќиятњо сањ. 8

Omuzgor #47

  • Upload
    -

  • View
    293

  • Download
    0

Embed Size (px)

DESCRIPTION

 

Citation preview

№ 47 (11908)22 ноябрисоли 2013

Бењин фарди љањон омўзгор аст,Аз ў сарсабзу хуррам рўзгор аст

www.omuzgor-news.tjНАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

ЊАФТАНОМА АЗ 20-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 1932-ЮМ НАШР МЕШАВАД

ОМЎЗГОР

ÄÀÐ ÈÍ ØÓÌÎÐÀ:

МЕЊРНОМА

Рўзи бахтат рў намояд бо тулўи офтоб,Дар њавоят мезанад љуфти кабўтар печутоб.Њар касе бинад чунин дунёи рангини туро,Мешавад ўро зи шодї дил даруни сина об.

Тољикистон, бахти ман, дунёи зебои манї,Бе ту дунёе надорам, як ту дунёи манї!

Кўњњои сарбаландат сарбаланди оламанд,Обњои нуќрасонат шањди љони одаманд.Дар замини ту фишонда Хизр баски доманаш,Даштњои ту, аз ин рў, дар саховат Њотаманд.

Тољикистон, бахти ман, дунёи зебои манї,Бе ту дунёе надорам, як ту дунёи манї!

Субњи умедам зи файзи ту муаттар мешавад, Чењраи поки ту дида, дил мунаввар мешавад.Чун надонад носипосе ќадри обу хоки ту,Шоњи олам гар шавад, охир ќаландар мешавад.

Тољикистон, бахти ман, дунёи зебои манї,Бе ту дунёе надорам, як ту дунёи манї!

Äóí¸è çåáîè ìàí!Раљаби МУСУЛМОНИЁН

Савгандёдкунии Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон16 ноябри соли равон мароси-

ми ба иљрои вазифаи Президен-ти Љумњурии Тољикистон шурўъ намудани роњбари навинтихоби давлат Эмомалї Рањмон баргузор гардид.Маросими мазкур дар Ќасри

Миллат оѓоз гардида, дар Кохи Сомони бўстонсарои шањрии Њукумати Љумњурии Тољикистон идома ёфт ва дар майдони Дўстии пойтахт бо савгандёдку-нии Ќуввањои Мусаллањи киш-вар ба Президенти навинтихоби Љумњурии Тољикистон ба поён расид.Маросими ба иљрои вазифа

шурўъ намудани Президенти на-винтихоби кишвар дар толори шишагини Ќасри Миллат бо су-пурдани шањодатномаи Прези-денти Љумњурии Тољикистон аз љониби Раиси Комиссияи мар-казии интихобот ва раъйпурсии Тољикистон ва Нишони Прези-денти Љумњурии Тољикистон аз љониби Раиси Суди Конститутси-онии кишвар ба Эмомалї Рањмон оѓоз ёфт.Њамзамон, бо супурдани

шањодатнома ва Нишони Пре-зиденти Љумњурии Тољикистон ба Эмомалї Рањмон дар толо-

ри тантанањои Кохи Сомони бўстонсарои Њукумати Љумњурии Тољикистон Раиси Маљлиси мил-лии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Мањмадсаид Убай-дуллоев ва Раиси Маљлиси на-мояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Шукурљон Зуњуров тибќи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон љаласаи якљояи шашуми Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагонро, ки ба маросими савгандёдкунии Прези-денти Љумњурии Тољикистон бах-шида шудааст, бо иштироки даъ-ватшудагон ифтитоњ намуданд.Дар толор аъзои Маљлиси

миллї ва вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, аъзои Њукумати мамлакат, роњбарони намояндагињои дипломатии кишварњои хориљї, собиќадорони љангу мењнат ва намояндагони ањли љомеа њузур доштанд.Сарвари давлат Эмомалї

Рањмон барои ёд кардани сав-ганди Президенти навинтихоби Љумњурии Тољикистон аз Ќасри Миллат берун омада, љониби Кохи Сомони бўстонсарои Њукумати Љумњурии Тољикистон равон шуд.

Бо эълони наттоќ Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ба толори тантанањои савгандёдкунї зери оњанги му-тантан ва марши ифтихорї ворид шуд.Президенти навинтихоби Љу-

мњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ба болои подиум ба-ромада, баъди эълони наттоќ мутобиќи Конститутсияи (Сарќо- нуни) Љумњурии Тољикистон дасти рост ба болои Консти-тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон гузошта, савганд ёд кард.Сипас, Сарвари давлат Эмо-

малї Рањмон чанд ќадам ќафо рафта, бо нимтаъзим Парча-ми давлатии Љумњурии Тољи-кистонро бўса намуд.Баъд аз ин Суруди миллии

Љумњурии Тољикистон садо дод.Президенти Љумњурии Тољи-

кистон Эмомалї Рањмон, ки аз ин лањза ба марњилаи нави роњбарии давлат расман ворид шуд, дар назди њозирин суханронї намуд.Баъди анљоми суханронї

Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмон бо эълони наттоќ тањти мусиќии ифтихорї ва кафкўбии бардавоми њозирин ба маросими гулгузорї ба пояи Муљассамаи Вањдати миллї ва эњёи Тољикистон ва савганд

ёд намудани афроди Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон ба Президенти Љумњурии Тољи-кистон ба майдони Дўстии пой-тахт рањсипор шуд. Ањли толори тантанањо ќисмати дуюми ма-росими ба иљрои вазифа шурўъ намудани Президенти Љумњурии Тољикистонро дар њамон толор аз мониторњо тамошо карданд.Президенти Љумњурии Тољи-

кистон Эмомалї Рањмон бо мошини болокушода њамроњи эскорти мотосиклњо ба хиёбони Рўдакї баромад. Аз ду љониб дар тўли роњ то Муљассамаи вањдати миллї ва эњёи Тољикистон ўро намояндагони ањли љомеа бо як љањон њисси эњтирому самимият ва мењру муњаббат шодбош ме-гуфтанд.Ќофилаи мошинњои Прези-

денти Љумњурии Тољикистон дар рў ба рўи пайкараи Исмои-ли Сомонї, ки љузъи марказии муљассамаи Вањдати миллї ва эњёи Тољикистон аст, ќарор ги-рифт.Дар ин љо роњбарони сохторњои

ќудратии мамлакат – вазири му-дофиа, вазири корњои дохилї, ра-

(Давомаш дар сањ.2)

Тољикистон, парчамат поянда бод!

Парчам – ифтихори миллатсањ. 5

Иштибоњ аз дигарон,ислоњ аз мо

Мизи мудаввар дар мавзўи«Китоби дарсї ва масоили имло»

сањ. 77

Таълими њамгиро:дастовард ва муваффаќиятњодастовард ва муваффаќиятњо

сањ. 8

№ 47, 22 ноябри соли 20132 ОМЎЗГОР РАЊНАМО

Дар солњои љанг (1942 ва 1943) дар љумњурї ягон китоби дарсї чоп нагардид.

Њамватанони азиз!Муњтарам аъзои Маљлиси

миллї ва вакилони Маљлиси намояндагон!Њозирини гиромї!Интихоботи Президенти

Љумњурии Тољикистон, ки 6-уми ноябри соли љорї доир гардид, бори дигар собит на-муд, ки дар љомеаи имрўзаи Тољикистон вањдати миллї, фазои њамдигарфањмї, садоќат ба ормонњои чанди-насраи мардуми тољик, пойдо-рии сулњу субот ва фарњанги баланди сиёсии шањрвандї воќеан ба нерўи бузург ва таќдирсози имрўзу фардои Ватан табдил ёфтааст. Дар ин рўз мардуми хирадманду дурандеш ва соњибмаърифати мо ба хотири пешрафти Тољикистони азиз, барои њаёти саодатмандонаи худ ва ободиву сарсабзии кишвари мањбубамон бо амри дил ва ниятњои неку созанда раъйи худро ифода карданд.Ман бо камоли эњтиром

ба кулли мардуми шарифи Тољикистон ва муњаббату садоќати беинтињои фарзан-диамро ба халќи бузургворам ва њамаи њамватанони азизам, ки дар кишварњои гуногуни олам кору зиндагї доранд, ба хотири ин, ки бовар карда, сарнавишти худ ва таќдири мамлакатро барои њафт соли оянда ба дўши ман вогузор намуданд, сипосу миннат-дории самимии худро иброз медорам. Ман масъулияти бузурги худро дар назди Ва-тан ва манфиатњои давлату миллат, имрўзу фардои он, њифзи истиќлолу якпорчагии кишвар, амният ва саодати халќи азизам бо тамоми њастї дарк менамоям ва барои ба љо овардани боварии кулли шањрвандони Тољикистон нерўву тавон, донишу таљриба

ва гузашта аз ин, њастии ху-дро дареѓ намедорам.Бори аввал дар кадом ша-

роит ба маќоми роњбари дав-лат интихоб шудани худро њатто як лањза њам фаромўш накардаам.Дар айёме, ки Тољикистон

нав ба истиќлолият расида буд, бо сабабњои маълум ба сан-гинтарин ва дањшатноктарин имтињони таърих рў ба рў гардид. Он рўзњо дар наз-ди Тољикистон ва халќи он масъалаи таќдирсози «ё њаёт ё мамот!» ќарор дошт. Кишвар дар оташи љанги тањмилии шањрвандї ва бўњрони ша-диди сиёсї, иќтисодї ва иљтимої месўхт. Аз соли 1991 то соли 1997, яъне то замони ба имзо расидани Созишно-маи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї тамоми фикру зикр ва тамоми саъю талоши роњбарияти дав-лат танњо ба он равона гар-дида буд, ки халќи худро аз гуруснагї, ќашшоќиву бенавої ва њалокату парокандагї наљот дода, ба љанги нанговари шањрвандї хотима бахшем. Дар баро-бари ин, миллати тољикро аз хатари парокандагї ва давлати Тољикистонро аз вартаи нобудї ва порашавї рањо созем, фаъолияти сох-тору маќомоти фалаљшудаи њокимиятро барќарор на-моем, беш аз як миллион на-фар гурезањо ва муњољирони

иљбориро ба Ватан баргардо-нем, манзилњои истиќомативу муассисањои харобгаштаро аз нав обод карда, њазорон њазор кўдакони ятиму бепарастор ва занону модарони бесаро-бонмондаро тањти њимоя ва ѓамхории давлат ќарор дињем. Ва шукри бењад Худовандро, ки мо ба рўњи шикастнопази-ри халќи азизамон такя карда, Тољикистони мањбубамонро њаёти дубора бахшидем ва шоњроњи пешрафту ободї ва ояндаи некро ба рўи он боз намудем. Тољикистон дар муддати кўтоњ мисли симурѓи афсонавї аз байни хокиста-ри сўзони љанги шањрвандї ќомат барафрохт ва њамчун узви комилњуќуќи љомеаи байналмилалї эътироф гар-дид.Мо тамоми захираву

имкониятњо ва саъю тало-ши худро ба се самти асосї - таъмини истиќлолияти энергетикї, рањої аз бунбасти коммуникатсионї ва њифзи амнияти озуќаворї њамчун њадафњои стратегии миллї равона кардем. Дастовардњое, ки то имрўз мо дар ин самтњо ноил шудем, ба њама маълу-манд. Дар саросари кишвар, аз пойтахти мамлакат шањри Душанбе то дењањои дурда-сти Суѓду Хатлон, водињои Вахшу Зарафшон, Рашту Њисор ва то домани кўњњои осмонбўси Бадахшон рушди иќтисодиву иљтимоиро мар-

дум њар рўз бо чашми сар ме-бинанд ва шукрона мекунанд, ки ба шарофати истиќлолият, сулњу субот ва вањдати миллї раванди ободкорї ва созан-дагии Ватани азизамон рўз аз рўз вусъат мегирад.Чанд мисоле, ки аз

дастовардњои њафт соли гузаш-таи кишвар меоварам, наму-наи мухтасари дигаргунињои бузурги иќтисодиву иљтимої мебошанд. Њаљми маљмўи мањсулоти дохилї аз 9,3 мил-лиард сомонии соли 2006-ум то ба 42,1 миллиард сомонї дар соли 2013 расонида шуд.Суръати миёнаи афзоиши

солонаи маљмўи мањсулоти дохилї зиёда аз 7 фоизро ташкил дода, даромадњои пу-лии ањолї 4,2 баробар, њаљми пасандозњо чоруним ва мао-ши миёнаи воќеї панљуним баробар афзоиш ёфтанд, ки ин њама нишонањои возењи рушди устувори иќтисоди кишвар мебошанд.Ин дар њоле, ки дар ин дав-

ра љањонро буњрони шадиди молиявию иќтисодї фаро ги-рифта, таъсири манфии он ба иќтисодиёти мо низ расид ва тавре ки мушоњида мегардад, оќибатњои он то њанўз идома доранд.Дар натиљаи сохтмони

мактабњои нав 250 њазор љойи нишасти талабагон муњайё гардида, садњо муассисањои тиббї бунёд ва таъми-ру таљдид карда шуданд.

Маблаѓгузории давлатии соњањои маорифу тандурустї дар маљмўъ 7,2 баробар аф-зуд.Дастовардњои зикргар-

дида натиљаи фаъолияти муназзаму њамоњангшудаи Њукумати мамлакат, дигар шохањои њокимият, њамаи сохтору маќомоти давлатї ва албатта, самараи зањмати садоќатмандонаи мардуми шарифи Тољикистон мебо-шад, ки ман аз њамаи онњо си-посгузорам.Вале њамаи ин пешравињо

њанўз боиси ќаноатмандї ва хотирљамъии мо шуда намета-вонанд, зеро то ба њол дар зин-дагии љомеаи мо мушкилоту масъалањои њалталаб зиёданд ва мо тамоми саъю талош ва захираву имкониятњоямонро барои рафъи мушкилоти њаёти халќамон ва њалли масъалањои њалталаб сафар-бар месозем.Њамватанони азиз!Њозирини гиромї!Ман бо итминони ќавї

изњор медорам, ки њафтсолаи навбатї барои дањсолањо заминаи боэътимод гузош-та, Тољикистонро боз њам пешрафтаву обод ва пояњои давлати соњибистиќлоли моро устувор мегардонад. Аз ин лињоз, барои мо бисёр муњим аст, ки иќтисоди киш-варро дар асоси бењтарин дастовардњои замони муосир

Эмомалї Рањмон: Бањри рушду ободонии Тољикистони азиз хидмат мекунамСуханронии Эмомалї Рањмон дар љаласаи якљояи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии

Љумњурии Тољикистон ба муносибати савгандёдкунии Президент (16.11.2013, шањри Душанбе)

иси Кумитаи давлатии амнияти миллї, раиси Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи гражданї, Фармондењи Ќўшунњои сарњадї ва Фармондењи Горди миллї низ бо либоси љашнї саф кашиданд.Баъди гузоштани гулчанбар ва

лањзаи хомўшї Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон бо ним-таъзим ба Муљассамаи Вањдати миллї

ва эњёи Тољикистон эњтиром ба љо овард. Вазири мудофиаи Љумњурии

Тољикистон Шералї Хайруллоев дар бораи омодагии љузъу томњои Ќуввањои Мусаллањи кишвар ба ма-росими савгандёдкунї ба Президенти Љумњурии Тољикистон ва ба паради њарбї гузориш дод.Баъди салому дуруд Президен-

ти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон суханронї намуда, савганди садоќат ба Президенти кишвар ёд кар-дани фармондењон, афсарон ва тамоми хизматчиёни њарбии сохторњои низо-мии мамлакатро эњёи яке аз суннатњои бостонии давлатдории ниёгон ва оми-ли собиткунандаи масъулияти бузурги фарзандии онњо дар њимояи Ватани азиз ва давлату миллати худ маънидод кард.Баъди итмоми нутќи Президенти

Љумњурии Тољикистон ва «ура»-и се-карата ва ќарсакзании њозирин вазири мудофиаи љумњурї калимањои савган-ди тантанавии хизматчиёни њарбї ба-рои садоќат ба Президенти Љумњурии Тољикистонро ба забон овард. Суруди миллии Љумњурии

Тољикистон аз љониби оркестри асбобњои нафасии гарнизони њарбии Душанбе, њайати шахсии сохторњои

низомї ва кулли иштирокчиёни ин тантана зинда садо дод. Њамзамон, бо садо додани Суруди миллї садои 21 шиллик аз тўпњо дар фазои пойтахти кишвараамон танинандоз шуд. Сипас, бо амри фармондењи парад расми гу-зашти низомї аз назди минбар оѓоз ёфт.Бо анљом ёфтани расми гузашти

низомї Сарвари давлат Эмомалї Рањмон аз майдони Дўстии кишвар ба Ќасри Миллат бозгашта, чун Президенти то-заинтихоби Љумњурии Тољикистон, ки аз нав барои 7 соли оянда ба ин маќоми олї интихоб гардидааст, расман ба фа-ъолият шуруъ намуд.

«Ховар»

Савгандёдкунии Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон

(Аввалаш дар сањ.1)

(Давомаш дар сањ.3)

№ 47, 22 ноябри соли 2013 3ОМЎЗГОР РАЊНАМО

Соли тањсили 1941-1942 15,5 њазор нафар мактабро тарк карда, 73 њазор кўдаки синни мактабї ба тањсил фаро гирифта нашуданд.

рушди тоза бахшем ва ша-роите муњайё созем, ки њар як шањрванд тавонад зинда-гии шоиставу арзанда дошта бошад. Барои расидан ба ин њадаф мо таљрибаи давлатњои пешрафта ва фарњангу тамад-дуни њазорсолаи миллатро асоси фаъолияти худ ќарор медињем ва аз иќтидори зењнї ва нерўи ояндасози њар як шањрванди Тољикистон васеъ истифода менамоем. Њамаи иќдомњое, ки то њол дар сам-ти ислоњоти иќтисодї амалї гардидаанд, пеш аз њама, ба иљтимоиёт нигаронида шуда-анд.Дар мамлакат таъсиси

љойњои нави корї сол аз сол вусъат гирифта, ба бунёд ва таъмиру таљдиди муассисањои таълимиву тандурустї диќ-ќати аввалиндараља дода шуда, масъалањои дастрасии сокинони кишвар ба оби то-заи нўшокї ва нерўи барќ њалли худро ёфта истодаанд.Барои расидан ба ин

њадаф татбиќи Стратегияи миллии рушд ва Страте-гияи баланд бардоштани сатњи некўањволии мардуми Тољикистонро барои солњои 2013-2015 идома медињем. Њамчунин, тањияи Стратегияи миллии рушдро то соли 2030 оѓоз бахшида, њамгироии барномањои соњавї ва минтаќавиро таъмин месо-зем.Сатњи камбизоатї агар

соли 1998-ум 83 фоизро таш-кил дода бошад, соли 2015 то 30 фоиз ва соли 2020 то 20 фоиз кам карда хоњад шуд. Иќтисоди миллиамон дар соли 2020 беш аз 80 фоиз афзуда, пешрафти босуботи кишвар таъмин хоњад гардид. Маљмўи мањсулоти дохилии мамлакат то соли 2020 ба њар сари ањолї якуним - ду баро-бар меафзояд.Вазни ќиёсии даромад

ва харољоти љории буљети давлатї нисбат ба маљмўи мањсулоти дохилї ба 25 фоиз ва маблаѓгузории соњањои иљтимої аз 12 то ба 16 фоизи маљмўи мањсулоти дохилї ра-сонида мешавад.Бо маќсади татбиќи дурна-

мои дарозмуддати идораку-нии устувори молияи давлатї мо механизми нави ташакку-ли захирањои молиявиро, ки љињати рушди иќтисодиёт, инчунин дар оянда пешгирї намудани таъсири ман-фии њолатњои эњтимолї ба иќтисоди кишвар равона ме-гардад, таъмин месозем.Вобаста ба ин, барномањои

стратегии давлатї тањкурсии асосии сиёсати буљетро таш-кил намуда, низоми мушах-хаси арзёбии харољоти са-мараноки буљети давлатї аз рўи соњањои иќтисодиёт ва иљтимоиёт ба роњ монда ме-шавад. Ин амал имкон хоњад дод, ки музди мењнати кор-мандони соњањои буљетї, нафаќа ва стипендия дар ин давра то се баробар зиёд гар-дад. Умуман, дар њафт соли оянда даромади воќеии ањолї то чор баробар меафзояд.Рушди босуръати соњаи ги-

дроэнергетика њамчун рукни муњимтарини иќтисоди киш-вар бемайлон идома ёфта,

яке аз монеањои љиддитарини рушди иќтисоди миллї - кам-буди нерўи барќ бартараф кар-да хоњад шуд. Бо ин маќсад, дањњо лоињаи афзалиятноки гидроэнергетикї амалї кар-да мешаванд. Масъалаи аз бунбасти коммуникатсионї рањої бахшидани Тољикистон аз љумлаи њадафњои страте-гии рушди миллї ба њисоб меравад ва мо, хушбахтона, ин барномаи таќдирсозро муваффаќона амалї кардем.Имрўз роњи бузурги

абрешим чун омили пойдо-рии дўстиву њамгирої ва рушди иќтисоду тиљорат Тољикистонро бо би-сёр кишварњои љањон - чи дар шарќу ѓарб ва чи дар шимолу љануб - васл менамо-яд.Мо дар оянда

низ њамаи захираву имкониятњоямонро ба хотири руш-ди шабакањои коммуникатсионї ва пеш аз њама, барои бунёди роњу пулњо ва наќбњои мошин-гарди мутобиќ ба меъёрњои љањонї њамчун шоњрагњои т а ъ м и н к у н а н д а и рушди кишвар сафар-бар хоњем кард. Ба сохтмон ва таљдиду б а р ќ а р о р с о з и и фурудгоњњо ва роњњои оњану мо-шингарди муосир таваљљуњи бештар дода, ба ин восита, ба рушди устувори кишвар ва тавсеаи робитањои байналмилалї такони љиддї хоњем бахшид.Њадафи асосии мо

дар саноат тадриљан аф-зун намудани иќтидори истењсолї ва таќвият бахшидан ба ќобилияти раќобати мањсулот, тав-сеаи имкониятњои содиро-тии мамлакат, бо истифода аз технологияњои муосир баланд бардоштани сатњи техникии истењсолот ва таъ-мини бозор бо мањсулоти љавобгў ба меъёрњои љањонї мебошад. Дар ин самт, љињати барќарор намуда-ни фаъолияти иќтидорњои бузурги саноатї, истихрољ ва коркарди маъдан, руш-ди саноати сабук, масолењи сохтмон ва коркарди са-ноатии ашёи хоми мањаллї таваљљуњи мунтазам дода, бо њамин роњ имкониятњои со-диротии мамлакатро тавсеа хоњем бахшид. Барои таъми-ни ин њадаф то соли 2020 бу-нёди зиёда аз 200 корхонаи нави истењсолї ба маблаѓи беш аз чор миллиард сомонї пешбинї гардидааст.Љињати иљрои яке аз

њадафњои стратегии киш-варамон - њифзи амнияти озуќаворї ба рушди устувори соњаи кишоварзї њамчун сам-ти стратегии рушди миллї, афзоиши истењсоли мањсулоти

кишоварзї ва умуман, бо ма-води ѓизоии истењсоли ватанї таъмин намудани ањолии мамлакат диќќати махсус дода мешавад. Бо ин маќсад, ислоњоти соњаи кишоварзї идома пайдо карда, самара-нокии захирањои обу замин ва умуман, маданияти исти-фодаи замин баланд бардош-та мешавад. Соњањои илму маориф ва тандурустї мин-баъд низ бахши калидии сиё-сати иљтимоии давлат мањсуб ёфта, маблаѓгузорї ба рушди онњо сол аз сол бештар мегар-дад ва ислоњот дар ин самт идома дода мешавад.

Стратегияи «Рў овардан ба љавонон» дар солњои оянда низ дар маркази таваљљуњи давлат ва Њукумати кишвар ќарор хоњад дошт. Зеро њалли масъалањои вобаста ба њаёти љавонон, яъне насли оянда-сози миллат ва умеду орзуи мардуми кишвар - ѓамхорї нисбат ба ояндаи ободу осу-даи љомеа ва пешрафти мин-баъдаи давлат мебошад. Дар робита ба ин, тарбияи кадрњои соњибмаърифату ба-ландихтисос ва ба талаботи замони пешрафта љавобгўй њам дар мамлакат ва њам дар кишварњои хориљї вусъат пай-до карда, ба масъалаи инти-хобу љобаљогузории кадрњои босалоњияту забондон, до-рои донишу малакаи муо-сир ва сатњи баланди касбї, инчунин доир ба рушди ин-сон эътибори аввалиндараља дода мешавад. Ташаккули инсони њамаљониба инки-шофёфта, тарѓиби тарзи њаёти солим ва тарбияи нас-ли наврас дар рўњияи худ-шиносиву худогоњии миллї, ватандўстиву ватанпарастї ва эњтиром ба арзишњои неку со-зандаи милливу умумибашарї аз љумлаи њадафњои муњими сиёсати иљтимоии давлат ба шумор меравад. Дар ин љода боло бурдани маќоми зан дар љомеа, тарбияи кадрњо аз њисоби занону духтарони болаёќат, инчунин дастгирии ташаббусњои занону бонувон

дар самтњои мухталифи њаёти љомеа ва ѓамхорї нисбат ба оила њадафи дигари давлати мо мебошад.Дастгирии давлатии

оилањои камбизоат бо роњи фароњам овардани замина ба-рои рушди онњо идома пайдо карда, кўдакон ва наврасони ятиму бепарастор, маъюбон ва шахсони имконияташон мањдуд тањти назорат ва па-растории бевоситаи давлат ќарор мегиранд. Њукумати мамлакат дар муњлати на-здиктарин барномаи давла-тии «Рушди дењот»-ро тањия ва ќабул карда, ба татбиќи

он оѓоз менамояд, ки дар заминаи он инфрасохтори шањраку дењот, муассисањои маорифу тандурустї, ин-шооти роњдорї, обрасонї ва фарњангу варзиш таљдиду азнавсозї карда мешаванд. Ба масъалаи ба кор андохтани иќтидорњои нави истењсолї, тавлидоти мањсулоти ќобили раќобат ва ба содирот ни-гаронидашуда, коркарди нињоии ашёи хоми мањаллї, воридоти технологияњои њозиразамон ва муњайё на-мудани љойњои нави корї ањамияти аввалиндараља дода мешавад. Дастгирии њамаљонибаи соњибкории хурду миёна ва махсусан, соњибкории истењсолї дар оянда низ аз љумлаи вазифањои муњимтарини мо хоњад буд. Дар ин самт тавассути афзо-иш додани њаљми фонди даст-гирии соњибкорї пешрафти соњибкории истењсолї дар соњањои афзалиятнок таъмин мегардад.Бо истифода аз фур-

сати муносиб, ба њамаи соњибкорони бонангу номус, љавонмардони њимматбаланд ва шахсони саховатпеша, ки солњои охир дар раванди обо-дониву созандагии Ватан фа-ъолона ширкат карда, бо бу-нёди муассисањои иљтимої ва корхонањои истењсолї барои дањњо њазор нафар сокинони мамлакат љойњои кории нав муњайё мекунанд, бори дигар

изњори сипос менамоям.Дар самти демократику-

нонии љомеаи Тољикистон мо ба дастовардњои назар-рас ноил гардидаем ва ин роњро собитќадамона идома хоњем дод, њарчанд ки бунё-ди љомеаи демократї раванди дурударози таърихї мебошад ва мо њоло дар оѓози ин роњ ќарор дорем. Бо ќаноатмандї метавонем зикр намоем, ки имрўз низоми бисёрњизбї дар кишвар ташаккул ёфта, њоло созмонњои гуногуни љомеаи шањрвандї озодона фаъолият доранд. Мо низом ва арзишњои демократї, соњибихтиёрї,

њуќуќбунёдї ва дуня-вияти давлат, гуно-гунандешии сиёсиву маф-куравї, озодии виљдон ва суханро дар доираи Консти-тутсия ва ќонунњо бо њифзи манфиатњои умумимиллї ва бо дар-назардошти меъёрњои б а й н а л м и л а л ї њамаљониба так-мил медињем. Тибќи меъёрњои к о н с т и т у т с и о н ї риояи њуќуќу озодињои инсон, баробарї, адолати иљтимої, фаъолия-ти озодонаи шахс ва созмонњои љамъиятї, мављудияти шак-лњои гуногуни мо-ликият ва волоияти ќонун таќвият дода шуда, њокимияти

судї такмил меёбад ва ислоњоти судиву њуќуќї идо-ма дода шуда, барои эљоди заминаи њуќуќии ин њадафњо ќонунњои зарурї тањия ва ќабул карда мешаванд. Дар солњои оянда низ мубориза бар зидди љинояткорї ва дар навбати аввал коррупсия, терроризм, экстремизм, муо-милоти ѓайриќонунии маводи мухаддир ва дигар љиноятњои муташаккили фаромиллї чун самти муњимтарини фаъолия-ти маќомоти њифзи њуќуќ ва њамаи сохтору маќомоти мар-бутаи давлатї пурзўр гардо-нида мешавад.Дўстони азиз!Ман њанўз 15-уми мар-

ти соли 2013 њангоми мулоќот бо кормандони ха-дамоти дипломатии кишвар афзалиятњо ва вазифањои асосии сиёсати хориљии дав-лати Тољикистонро барои солњои оянда муфассал баён дошта будам. Њоло бори ди-гар таъкид карданї њастам, ки самтњои асосии сиёса-ти хориљии Тољикистони соњибихтиёр бидуни таѓйир боќї монда, сиёсати хориљии мо њамчун сиёсати маъруфи «дарњои кушода» ба татбиќи њадафњои стратегии давла-тамон равона мегардад ва барои ташаккули љойгоњи муносиби кишвар дар арсаи љањонї мусоидат менамояд. Мо бо тамоми кишварњои

Эмомалї Рањмон: Бањри рушду ободонии Тољикистони азиз хидмат мекунам

(Аввалаш дар сањ.2)

(Давомаш дар сањ.4)

№ 47, 22 ноябри соли 20134 ОМЎЗГОР РАЊНАМО

Дар солњои љанг шумораи хонандагон нисбат ба соли тањсили 1941-1942 40 њазор нафар кам шуд.

РАФЪИ ЊОДИСАЊАМКОРЇ

ВОХЎРЇ

ба мо хайрхоњ робитањои дўстонаву њамкориро идо-ма бахшида, дар навбати аввал муносибатњоямонро бо њамсояњои наздики худ дар асоси усулњои эътироф-гардида ва пазируфташудаи эњтироми мутаќобил ва њусни њамљаворї тавсеа ва таќвият мебахшем.Љањони муосир пайваста

дар њоли рушду тараќќиёт ва пешравї ќарор дошта, мо бо тамоми нерў кўшиш ме-кунем, ки аз ин тањаввулоти бузург ќафо намонем ва њамќадами замон бошем. Мо љањду талоши худро минбаъд низ ба он равона месозем, ки Тољикистон чун давлати куњанбунёд ва соњиби тамад-дуни пурифтихор маќому манзалати шоистаи худро дар арсаи байналмилалї тањким бахшад, то њар як фарзанди он дар кадом гўшаи сайё-раамон набошад, аз тољик ва тољикистонї буданаш ифтихор карда, худро чун шањрванди ин кишвари сар-баланд муаррифї намояд.Мо ба маќсадњои наљибу

бузургамон њатман ноил хоњем гашт, агар њамаамон њаммарому муттањид бо-шем, ба Ватани азизамон содиќона хизмат кунем, њуќуќу озодињои конститут-сионии инсон ва шањрвандро тањкими бештар бахшем, ширкати фаъолонаи онњоро дар идоракунии давлат таъ-мин гардонем, арзишњои во-

лои фарњангї ва маънавии халќамон, таърихи ќадимаи он ва суннату ойинњои неки миллиамонро њарчи бештар азхуд намоем ва муњимтар аз њама, манфиатњои милли-ву давлатиамонро аз тамоми манофеи дигар афзал шу-морем. Иљрои ин вазифањо, яъне, хизмати содиќона ба халќ рисолати Президент ва Њукумати мамлакат, парла-менти кишвар ва њамаи хиз-матчиёни давлатї мебошад. Зеро мардуми Тољикистон аз мову шумо зиндагии са-зовору шоистаро умед до-ранд ва итминон доранд, ки Тољикистони азизи мо бо фа-ъолияти созандаву ободга-рона ва зањмати содиќонаву софдилонаи мову шумо обод мешавад, пеш меравад, рушд мекунад ва нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалї торафт тањким меёбад. Бори дигар таъкид месо-зам, ки масъулияти иљрои ин ниятњои нек ба дўши њар яки мост.Њамватанони азиз!Муњтарам аъзои Маљлиси

миллї ва вакилони Маљлиси намояндагон!Њозирини гиромї!Ман ба нерўи созандаву

бунёдкоронаи њар як фарди мамлакат ва фардои пешраф-таву ободи Тољикистони ази-замон эътимоди комил дорам. Њамчунин итминон дорам, ки вазифањои дар наздамон ќарордоштаро бо сари баланд иљро намуда, барои ободиву сарсабзии минбаъдаи Вата-ни мањбубамон - Тољикистон тамоми нерўи худро истифо-да мебарем. Барои расидан ба ин њадаф, пеш аз њама, сулњу оромї ва суботи сиёсї, сарљамъї ва вањдати мардуми Тољикистон, дўст доштани Ватан, обу хоки он, зањмати шабонарўзї ва фаъолияти содиќонаву софдилонаи њар як фарди бонангу номуси Ва-тан зарур мебошад.Мардуми шарифи

Тољикистон шоњиданд, ки аз лањзањои аввали Роњбари дав-лат интихоб шуданам то ба имрўз бо садоќати фарзандї њар рўзи њаётамро ба хотири саодат ва некўањволии халќи азизам, барои ободониву сар-сабзии Ватанам ва дар арсаи љањон боло рафтани эътибору обрўи Тољикистон бахшида-ам.Ман имрўз бори дигар бо

амри дилу виљдони худ ба номи поки Худованди мута-

ол, ба номи неку муќаддаси Тољикистон, ба кўњњои пурганљ ва осмонбўси он, ба водињои зарнисору боѓу бўстонњои хуррами он, ба хотири эњтироми падарону модарон, наврасону љавонон, тифлакони гањвора ва умуман ба љони беш аз њашт миллион шањрванди кишвар савганд ёд мекунам, ки тамоми њаётамро, орзуву андешањоямро ва фи-кру зикрамро фидои имрўзу фардои неки халќи азизам ва Тољикистони мањбубам месо-зам. То љон дар бадан дорам, барои ба љо овардани бова-риву эътимоди халќи азизам ва муњайё намудани шарои-ти зиндагии шоиставу сазо-вор ба њар хонадони кишвар зањмат мекашам ва дар ин роњ агар лозим шавад, љони худро фидо хоњам кард.Ман њамон Эмомалї

Рањмон њастам. Њамон Эмомалї Рањмон, ки соли 1992 ба номи халќи бузургво-ри тољик савганд ёд карда, ба мардуми шарифи Тољикистон ањди љавонмардона дода бу-дам, ки тамоми њастии худро дар роњи сулњу суботи пойдо-ри Ватанам, сарљамъии мил-лат, вањдати миллї ва пеш-рафту ободии Тољикистони

азизу мањбубамон мебахшам. Имрўз ман шукрона мекунам, ки эътимоду ихлоси халќи азизамро аз даст надодаам ва барои ин ихлосу бовари-ву эътиќоди бузург дар назди мардуми шарифи Тољикистон сари таъзим фуруд меорам. Ва аз даргоњи Худованди бузург талаб мекунам, ки Тољикистони азизи моро аз офатњои заминиву осмонї дар паноњи исматаш нигоњ дорад, ба њар як хонадони мардуми шарифи кишвар сулњу оромї, хушбахтиву толеи нек ва фай-зу баракат ато фармояд.Мо имрўз бори дигар

садоќату вафодории худро ба сарзамини азизамон, халќи бузургворамон ва имрўзу фардои боз њам осудаву ободи Ватанамон сидќан изњор до-шта, бо садои баланд мегўем:

Асрњои аср пирўзу по-янда ва бегазанду љовидон бод Тољикистон ва халќи фарњангсолори тољик!Бигзор, хуршеди бахту сао-

дат ва озодиву истиќлол ба сари Тољикистон то абад ну-рафшон бошад!Њамеша иќболат нек, роњат

сафед ва умрат љовидон бод, Тољикистони азиз!

Эмомалї Рањмон: Бањри рушду ободонии Тољикистони азиз хидмат мекунам

(Аввалаш дар сањ.2)

Ба љои њодиса комис-сияи њукуматї бо сардо-рии муовини нахуствази-ри Љумњурии Тољикистон М.Алимардонов, ки дар њайати он вазири маори-фи Љумњурии Тољикистон Н.Саидов ва масъули-ни Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи шањрвандии назди Њукмати Љумњурии Тољикистон шо-мил буданд, њозир шуд. Комиссия ба хулоса омад, ки истиќоматкунандагони дењаи Истиќлолият аз мањали зисташон кўчонида шаванд. Ба онњо аллакай замин

људо гардида, дар ќитъаи интихобшуда сохтмони мактаб барои 640 нафар хо-нанда рўзњои наздик оѓоз мегардад. Њоло бошад, 60 нафар мактаббачаго-ни дењаи Истиќлолият дар дигар мактабњои шањри

Вањдат ба дарсњо фаро ги-рифта шудаанд.Вазири маорифи

Љумњурии Тољикистон Ну-риддин Саидов аз лањзањои аввали ба вуќўъ омадани ин њодисаи мудњиши табиї ба мањали њодиса њозир шуда,

масъулини соњаро бањри амалї намудани тадбирњои аввалияи рафъи оќибатњои заминларза шинос намуд. Барои зимистонгузаронии мактабњои зарардида, таъ-мини онњо бо бухорию дигар лавозимоти хониш корњои муќаддамотї бо-суръат идома доранд.Барои ќатъ нагардидани

дарсњо дар мактаби раќами 80, ки бинои таълимї кор-ношоям гардидааст, масъ-улини вазорат дастурњои мушаххас гирифта, иљрои сариваќтии онњоро зери назорат ќарор доданд. Бинои мактаби мазкур дар дењаи Арбобдараи љамоати дењоти Карим Ис-

моилов љой гирифтааст. Маълум гардид, ки бинои мактаби раќами 80 соли 1972 ба тарзи финї сохта шуда, дорои 10 синфхо-на мебошад. Дар мактаб 156 нафар хонанда тањсил мекунанд. Бинои мактаб

баъд аз заминљунбї кор-ношоям гардидааст. За-рурат пеш омадааст, ки мактаббачагон то бунёди

бинои нав муваќќатан дар хаймањо ба машѓулият фаро гирифта шаванд. Бо пешнињоди гурўњи корї тасмим гирифта шуд, ки дар њудуди замини ба мак-таб тааллуќдошта сохтмо-ни бинои дуошёнаи нави таълимї барои 240 љойи нишаст оѓоз карда шавад.Мувофиќи њисобњои

пешакї арзиши лоињавии сохтмони мактаб дар мањаллаи барои зарарди-дагон пешбинигардида бароир 640 љои нишаст 14 миллиону 615 њазор сомонї ва арзиши лоињавии мак-таби ояндаи раќами 80 дар дењаи Арбобдара барои 240 љойи нишаст 2 миллиону 400 њазор сомониро ташкил медињад.

Самандар ИСКАНДАРОВ, «Омўзгор»,

Саидмурод ИСКАНДАРОВ, рўзноманигор

Машѓулиятњо оѓоз гардиданд

Вазири маорифи Љумњурии Тољикистон бо са-фири Иёлоти Муттањидаи Амрико дар Љумњурии Тољикистон, хонум Сюзан Эллиот мулоќот на-муд. Хонум Сюзан Эллиот Сардори нави Дафтари минтаќавии USAID дар Осиёи Марказї Љонатан Аддлтонро ба вазири маориф ва муовинони ў муаррифї намуд. Дар љараёни мулоќот, њамчунин барномањое, ки аз љониби Њукумати ИМА дар соњаи маориф маблаѓгузорї карда мешавад, мавриди муњокимаи љонибњо ќарор дода шуданд. Мулоќот дар доираи њусни тафоњум баргузор гардид.

«Омўзгор»

Мулоќоти вазир

Дар мактаби махсуси љумњуриявии бачањои душ-вортарбия панљоњ нафар аз тамоми минтаќањои љумњурї ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Чунон ки директори таълимгоњ Намозхон Бобоев гуфт, гузарондани вохўрї бо адибон ва шахсони шинохтаи љумњурї, чорабинињои гуногуни фарњангї дар ин љо ба њукми анъана даромадааст. Бо ташаббуси китобхонаи давлатии бачагонаи

љумњуриявии ба номи Мирсаид Миршакар дар мак-таби номбурда Њафтаи китоб баргузор гардид. Хо-нандагони таълимгоњ Њусейн Эшов, Марсел Рама-зонов, Зунун Зоњидов, Њасан Абдурањмонов, Суњроб Шарифзода, Муродбек Юлдошев, Муњаммад Мусул-монов аз эљодиёти адибони муосири тољик шеърњо хонданд. Адибони шинохта Шањрияи Ањтамзод, Муродалии Собир аз эљодиёти худ намунањо ќироат карда, китобњои худро ба бачањо таќдим намуданд.

Њотами ЊОМИД, «Омўзгор»

Дар мењмонии бачањо

№ 47, 22 ноябри соли 2013 5ОМЎЗГОР 24 НОЯБР - РЎЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛЇ

Дар солњои љанг дар асоси барнома ваќти бештари хонандагон ба мењнати фоиданоки љамъиятї сарф мешуд.

ЉАШВОРА

ЌАДРШИНОСЇ

(ќитъањо)Парчами мо ќомати болои мост,З-он фазои кишвари мо босафост.Аз барои халќи тољик то абад,Вањдату бунёдкорї муддаост.

Парчами мо дар њама дунё баланд,Љилваи он дар баландї дилписанд.Миллати мо дар паноњи парчамашДоимо воломаќому арљманд.

Дар фазои кўњсорон парчам аст,Рўи дасти марди майдон парчам аст.Посдориаш бувад шаъну шараф,Ифтихори тољдорон парчам аст.

Парфишонї бенињоят мекунад,Бар зафар моро њидоят мекунад.Рангњои парчами миллат, бидон,Таърихи миллат њикоят мекунад.

Бар манори парчами миллат нигар,Дар баландињо чї зебо љилвагар!Љовидонї дар канори дўстонЁр бодо халќи тољик бо зафар!

Бар фарози парчами мо бингарї;Мекунад бо кўњсорон њамсарї!Љилва дорад, бо забони љилваашЊастии моро намояд доварї.

Чун парчами миллат ба фазо боло шуд,Бар шањри азизи мо шукўњафзо шуд.Чашми њама сўи парчами мост кунун,Гўї, ба љањон ќутби наве пайдо шуд.

Парчам, парчам, њамеша боло бошї,Иршодгари ќуллаи фардо бошї.Дар арсаи њастї бањри парвози баланд

Чун боли њумо ба њар яки мо бошї.

Мерос ба мо зи Ковиёнї, парчам,Аз фатњи ниёи мо нишонї, парчам.Чун рамзи виќору шарафу пирўзїЉовид ба дасти мо бимонї, парчам!

Њомии сулњу сафо парчам бувад,Тољиконро рањнамо парчам бувад.Дар радифи њафт ахтар дар барашШоњахтар дар фазо парчам бувад. Сафеду сурху сабзї, парчами мо,Аз ин рангин намої олами мо.Зи ту рўсурхиву сарсабзї ёбем,Сафедии ту – субњи хуррами мо.

Сиришта аз нахи љон тору пудаш,Аз ин рў, дилрабо бошад намудаш.Бихонемаш муќаддас парчами хеш,Сари њар як нафас карда суљудаш.

Туро чун ќиблаи миллат бихонем,Туро шаъну шукўњи хеш донем.Аё, эй парчами зебои кишвар,Туро чун нангу номус посбонем!

Халќи тољик комронї мекунад,Бо саодат зиндагонї мекунад.Сарбаландї, шодмонї мекунад.Парчамаш то парфишонї мекунад.

Бувад чун дасти боло парчами мо,Чу неруи тавоно парчами мо.Зи тољу ахтарону рангњояшЧї хуштарњу чї зебо парчами мо!

Абдурауф МУРОДЇ,«Омўзгор»

Чакомаи парчамЧакомаи парчам Мардуми ориёї парчам-ро «дирафш» меномиданд ва аввалин дирафше, ки мо аз таърихи он огањї дорем, Ди-рафши Ковиёнї ё Дирафши Кова аст. Агар мо сањифањои таъ-

рихро вараќгардон намоем,

огањї пайдо мекунем, ки шоњи Тўрон Арљосп бо шоњи Ори-ён Гуштосп љанг эълон кард. Љанг се њафта давом ёфта, лашкари Тўрон ѓалаба кард. Сарлашкари Тўрон Бедирафш сипањбади Ориён Зарирро кушта, дирафши Ковиёнро гирифта, назди Арљосп бурд ва Тўрониён аз ин ѓолибият шодмонї карданд.Ориёињо ба мотами сипањбад ва дирафш (парчам)-и худ нишастанд.Баъдтар Гуштосп писари

худ Исфандиёрро ба љанги Арљосп фиристод. Исфанди-ёр бо лашкари зиёд ба Тўрон њуљум карда, ѓалаба ба даст овард ва дирафши Ковиён-ро бозпас гирифта, ба Ватан овард. Оре, ифтихори њар як

давлату миллат ба њисоб ме-равад. 24 – уми ноябри соли 1992 Љумњурии Тољикистон расман соњиби аввалин рамзи истиќлолият ва соњибихтиёрии хеш Парчами давлатї гардид.

Соли 2009 бо ташаб-буси Президенти мамла-кат, Љаноби Олї Эмомалї Рањмон 24 ноябр – Рўзи Парчами давлатї эълон гар-дид. Ва њамасола ин сана бо шукўњу тантана љашн гириф-та мешавад.Моњият ва тартиби ис-

тифодаи парчамро Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи рамзњои давлатии Љумњурии Тољикистон» муќаррар кардааст.Њангоми таълими фанњои

таърихи халќи тољик, асосњои давлат ва њуќуќ хонандагон бо таърихи парчам шинос гардида, донишњои хешро доир ба таърихи халќу Ватан афзун месозад.Воќеан њам, халќи тољик

аз зумраи он халќњоест, ки марзу буми худро хеле дўст медорад ва барои њастии Ва-тан љоннисорињо мекунанд.Корнамоињои Темурма-

лику Шерак, Спитамен ва Деваштичу Восеъ далели

гуфтањои болоянд.Парчам рамзи давлату

давлатдорї буда, бо дида-ни он эњсоси ватандорї дар дили њар як шахс љўш меза-над ва масъулияташро зиёд мегардонад. Тамоми марду-мони олам бо парчами дав-латии худ садоќат ва эњтиром доранд.Ваќте ки варзишгаро-

ни тољик дар мусобиќањои байналмилалї ѓолиб меоянд ва ба шарафи онњо Парчами Љумњурии Тољикистон ба-рафрохта мешавад, диламон пур аз ифтихор гардида, са-рамон ба осмон мерасад.Бигзор кишвари мањ-

буби мо њамеша зебою соњибистиќлол бошаду парчами болои сари мо парафшонї намояд.

Аъзам БОБОЕВ,омўзгори таърих ва њуќуќи мактаби Президентї барои хонандагони болаёќат дар

ноњияи Бохтар

Парчам – ифтихори миллат

Вобаста ба ин, соли 2010 – ум бунёди манораи бузурги парчам дар маркази пой-тахтамон – шањри Душанбе оѓоз гардид ва он дар арафи 20 – солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ба анљом расид. Њоло ин парчам доимо парафшон буда, мардуми тољикро ба арљгузорињои миллї, пос доштани марзу буми кишвар њидоят мекунад. Ин мавзеъ бо номи Май-дони Парчам ё худ Боѓи Парчами миллї ёд мешавад. Њар фарди ватандўст, агар аз назди ин

майдон мегузараду чашмаш ба Парчам ва Нишони миллї мерасад, хуб эњсос мекунад, ки ин њар ду рамз ифодакунандаи истиќлол ва иќбол, иттињоду сарљамъї, нангу номус, ватандўстиву танпарастї ва њуввияти мил-лии мардуми куњанбунёди мост. Парчами мо рамзи њаёти осоишта,

вањдати љовидонаи миллї ва умед ба фар-дои ободи халќи Тољикистон аст. Алњол соли панљум аст, ки Рўзи Парчами дав-латии Љумњурии Тољикистон дар киш-вари соњибистиќлоли мо њамчун љашни умумимиллї бо шукўњу шањомати хоса таљлил мегардад. Чунон ки аз таърих маълум аст, Парчам рамзи асосии дав-

латдории тољикон мањсуб ёфта, бо му-рури замон ранг ва шаклу зоњири худро иваз намудааст, аммо марому маќсади халќи тољик њамоно як - ба даст овар-дани Истиќлолият ва дарак додан аз худ њамчун давлати миллї ва соњибистиќлол будааст. Нахустин барафрозандаи пар-чам Коваи оњангар буда, бањри барњам

задани пояи љабру бедод ва ба даст овар-дани озодиву истиќлол муборизањои ша-дидро аз сар гузарондааст. Њамин тариќ, парчам дар тўли садсолањо мояи ифтихо-ри њар як тољики асил буда, маќому ман-

залати хешро аз даст надодааст. Гузашта-гонамон зери парчам саф кашида, њамеша аз сулњу дўстї, ба љо овардани ормонњои миллї ќисса кардаанд ва собит сохтаанд, ки агар лозим ояд, бањри муњофизати Ва-тан љони худро дареѓ намедоранд. Боиси ифтихори мост, ки баъди гузашти

асрњо бо шарофати соњиби истиќлолияти

воќеї гардидан аз нав соњиби Парча-ми миллї – рамзи давлати мустаќилу соњибихтиёр гардидем. Санаи ќабули Парчами Љумњурии Тољикистонро мар-думи кишвар њамчун љашни умумимиллї

бори аввал 24 – уми ноябри соли 2009 бо ифтихори баланди давлату давлатдорї ва соњибистиќлоливу соњибихтиёрї љашн гирифт. Барои кашидани тарњи он ва инъикос намудани ормонњои миллї бай-ни рассомони кишвар озмун эълон гар-дида буд ва пешнињоди Рассоми халќии Тољикистон Зуњур Њабибуллоев пазируф-та шуд. Эњтиром ва арљ гузоштан ба парчам

њамчун рамзи давлати соњибистиќлоли тољикон бояд рисолати таърихї, ќарзи фарзандї ва вазифаи шањрвандии њар як фарди љомеа бошад.Мардуми тољик зери ин Парчами

вањдату якдилї устуворона ќадам гузошта, ба хотири сохтани љомеаи мутамаддин дар ќатори дигар муќаддасоти Ватан Парча-ми миллии худро, ки ормони њар миллати озодихоњ аст, ба таври љовидона муќаддас нигањ медоранд.

Њотами ЊОМИД,«Омўзгор»

Парчами парфишони миллат

Вобаста ба ин, соли 2010 – ум бунёди

ларуивхадањабуча

№ 47, 22 ноябри соли 20136 ОМЎЗГОР БУЗУРГДОШТ

Солњои љанг назорати бачањои бепарастор пурзўр гардида, танњо соли 1942 барои 3 њазор нафар 19 хонаи бачагон сохта шуд.

ДАРСИ ТАРБИЯВЇ Маќсади дарс: шиносоии хонандагон бо

таърихи парчам, тарбияи хонандагон дар рўњи ватандўстиву хештаншиносї, ифти-хор аз муќаддасоти миллї.Таљњизот: Парчами Чумњурии

Тољикистон, расми Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон, шиору овезањо.Дарс бо сухани муќаддимавии муаллим

оѓоз меёбад: Њар сол 24 ноябр мардуми шарифи

Тољикистон љашни яке аз рамзњои давла-ти соњибистиќлоли худ – Рўзи Парчами миллиро ботантана љашн мегиранд. Парчами миллии мо нишона аз таъ-

рихи чандинњазорсолаи миллати бу-зурги тољик буда, њамчун рамзи вањдату ягонагї, њамдигарфањмиву иттињоди халќу миллатњои сокини њар сарзамин бањри озодї шинохта мешавад.Рўзи Парчами Љумњурии Тољикистон

њамчун иди миллї бори нахуст 24 ноябри соли 2009 љашн гирифта шуд. Њоло мо дар остонаи таљлили ин љашн ќарор до-рем. Ман њамаи шуморо ба муносибати ин љашн шодбош гуфта, риштаи суханро ба шумо, хонандагони азиз, медињам.Шоњин:Тољикистон, кишвари зебои ман,Сабзу хуррам мулки бењамтои ман.Аз ту бошад пойдору бобаќо,Бахту тахту давлату дунёи ман. Омўзгорон ва хонандагони азиз! Шу-

моёнро ба дарси кушоди тарбиявии хонан-дагони синфи IV «б» бо номи «Парчамат бодо парафшон, Тољикистон!» хуш омадед мегўем.Шањрибону: 9-уми сентябри соли

1991 Тољикистон соњибистиќлол эълон гардид, кишвари моро њамчун давлати алоњида оламиён шинохтанд. Бо шарофа-ти Истиќлол кишвари мо соњиби рамзњои давлатии худ – Нишон, Парчам ва Суруди миллї гардид.Эй, парчами умед, то парафшон туї, Дар осмони бахт рангинкамон туї. Шањбоз: Парчами давлатии Љумњурии

Тољикистон яке аз рукнњои асосии муќаддасоти миллї ба шумор меравад. Ба-робари дидани парчам ифтихори ватандорї ва эњсоси масъулияти њар як шањрванд дар назди Ватан боло мегирад.Сайњуна: Ваќте ба ифтихори варзиш-

гардухтари тољик Мавзуна Чориева, ки дар

олимпиадаи љањонї пирўзї ба даст овард, парчами Тољикистон баланд афрошта шуд, њар як шањрванди тољикро њисси ифтихори миллї фаро гирифт.Илњом: Биёед њаммаънои калимаи

«парчам»-ро номбар мекунем. Парчамро боз чї мегўем?Хонандагон: Алам, дирафш, байраќ,

ливо.Шањрибону: Вожаи «дирафш»

тољикасл ва кўњнатарин аст, ки њанўз дар «Шоњнома»-и безаволи Фирдавсї исти-фода шудааст. Коваи оњангар, ки аз зул-му истибдоди Зањњоки хунхор ба дод ома-да буд, пешдомани чармини худро чун ба сари дирафш (найза) зад ва болои сар

бардошта мардумро зери он ба ягонагию муттањидї даъват намуд.Аз он чарм, к-оњангарон пушти пой Бипўшанд њангоми захмидарой.Њамон Кова ин бар сари найза кард,Њамон гањ зи бозор бархост гард…Фурўњишт з-ў сурху зарду бунафш,Њаме хондаш «Ковиёнидирафш».

(Сањнача бо номи «Дирафши Кова» аз рўи асари «Шоњнома»-и Фирдавсї)Ќадриддин: Њамаи подшоњоне, ки ба

сари ќудрат мерасиданд, дирафшро њамчун рамзи нерўю тавоної ва лашкаркашию кишваркушої зебу зиннат мебахшиданд. Њар яке аз пањлавонону лашкаркашон мо-байни дирафши худ наќшеро мегузоштанд,

ки далерию љасорат ва зўрию нотарсиро ифода мекард.Матин: 24-уми ноябри соли 1992

Љумњурии Тољикистон расман соњиби ав-валин рамзи давлатї ва соњибистиќлолии худ Парчами давлатї гардид. Илова бар ин, соли 2009 бо ташаббуси Президен-ти кишвар 24-уми ноябр Рўзи Парчами миллї эълон гардид.Шарифљон: Ба Ифтихори мо баландта-

рин манораи парчам дар кишвари мо ќад афрохт. Парчами миллии мо дар љањон ин Парчами давлатии мост, ки дар баландии 165 метр парафшонї мекунад!Луњира: Парчами мо чун сари шери

фалак боло шуд,

Зиндагї дар назари пиру љавон зебо шуд.Сухан аз вањдати гумшуда ба гўшам

омад,Боѓи умри њама, ѓарќи чаман раъно шуд.Дилангез: Њар хурду бузурги ин

Ватан хушњоланд,Аз парчами ќадбаланди мо меболанд.Њангоми гузар парандањои кўчї,Бўсида дирафши мо, ба рў мемоланд.

Кори гурўњї. Супориш ба гурўњњо.1. Гурўњи «Ватан» - Суруд дар васфи Ва-

тан 2. Гурўњи «Парчам» - Шарњи рангњои

парчам3. Гурўњи «Вањдат» - бо истифода аз

њарфњои калимаи «Истиќлолият» тартиб додани калимањои навАъзои њар як гурўњ супориши додашу-

даро иљро мекунанд ва аъзои гурўњи дигар фикри худро оид ба иљрои супориш баён мекунанд.Дарс бо мисраъњои зерини шоир ба

анљом мерасад:Тољикистони азизам, парчамат

поянда бод!Мављзан дар зери гардун ќосиди оянда

бод!Парфишон гашта ливоят дар фазои

беканор,Шўњрати ту бахти моро боз

афзоянда бод!Шарифамо АЗИМОВА ,

омўзгори синфњои ибтидоии гимназияи №5, ноњияи Ашт

Парчамат бодо парафшон, Тољикистон!Бахшида ба Рўзи Парчами Миллї дар синфи 4

олимпиадаи љањонї пирўзї ба даст овард, бардошта мардумро зери он ба ягонагию

кииф

Љвахуинтими

Наќшњои мухталифро ба иш-тирокдорони сањна чунин таќсим кардем: Кура - раиси анљуман, Силиндр -котиб, иштирокдо-рони дигар - Нуќта, Хати рост, Хати каљ, Перпендикуляр, Дав-ра, Параллелњо, Кунљ, Секунља, Секунљаи росткунља, Квадрат, Параллелограмм ва Камони дав-ра…Маљлисгоњи мактаб. Дар

сањна иштирокдорон бо рам-зу нишонњои њархела ва љолиб њозиранд. Раису котиб дар њайати раёсат ором ва љиддї нишастаанд. Котиб андаке аз раис дарозтар ме-намуд. Силиндр зангўларо пахш карда, њозиринро ба хомўшї даъ-ват менамояд. Кура: - Рафиќон, иљозат фар-

моед, анљумани геометриро ку-шода эълон намоям. Банда бисёр хурсандам, ки дар ин њамоиш ќариб тамоми даъватшудагон, њамчунин, мењмонони фахрї њузур доранд. Њар кадоми онњоро аз назар гузаронида, аз рамзу нишонњояшон пурра шинос шу-

дам. Раис аввалин шуда ба хурдта-

ракон иљозати сухан дод. Њарчанд ки вай наздик ба Кура рост истода буд, ба назараш Нуќта намоён на-шуд. Раиси айнакї китф дарњам кашида, ба атроф нигоњ кард.Кура: - Магар намояндаи хурд-

таракон њозир нест?Нуќта: - Манам Нуќтаи дар

назарњо ноаён. Кура: - Марњамат, худро

њамчун фигура таъриф кунед.Нуќта: - Њарчанд

худтаърифкунї хуб нест, вале љояш, ки омад, њољат ба истињола нест. Агарчи маро наметавон аз ќаду бар чен кард, вале дар геоме-трия љойи ман ивазношуданист. Барои сохтани кунљњои гуногун аз ман истифода мебаранд. Аз ду нуќта хати рост мегузарад. Дар забону адабиёт њам маќоми хосае дорам. Кура: - Бале! Хеле хуб медонам,

ки шумо хурд њам бошед, дар ола-ми шаклњо фоидаи бисёр оварда-ед. Ташаккур. (Ва раис ба котиб менигарад) Навбати кист? Силиндр: - Аз рўи накша, њоло

навбати Хати рост мебошад. Хати рост: - Ман дар ин љо!

Њоло ман вертикалї истодаам. Метавонам горизонталї ё худ дар байни ду нуќта истам. Маро чен кардан мумкин аст. Аз маљмўи нуќтањо иборатам ва онњоро чен кардан мумкин аст.Кура: - Медонед, ман њамчун

маљмўи нуќтањои фазо, ки масофаи њар кадами онњо то нуќтаи дода-шуда аз масофаи мусбати R калон намебошад, вуљуд дорам. Ман дар байни ду нуќтае њастам, ки аз он хат њама шаклњои геометрї ме-гузаранд. Бинобар ин, ман њамаи шуморо чен карда метавонам. (Ва нимшўхиву нимљиддї мегўяд) Маро хуб бишносед. Муњтарам Хати рост, њамроњатон кист? Хати рост: - Ин кас хоњари ман

- Хати каљХати каљ: - Њарчанд Хати каљ

њастам, каљрафтор нестам. Ман дар њаќиќат хоњари Хати рост буда, дар ду нуќта доимо ба хати рост дучор меоям. Перпендикуляр: - Аммо ман,

љаноби Кура, Перпендикуляр, аз њар як нуќтаи хати рост ба он перпендикуляр мегузарам (Давра дар њамин њол ба љунбиш омада, њалќаи дар банди дасташ бударо ба пешу аќиб тоб медод). Давра: - Ман Давра! Ману

шумо, љаноби Кура, тавъамем, яъне, ман дар дохили шумоям.Кура: - Њељ љои тааљуб нест.

Шумо дар дохили ман мебошед.Давра: - Ман аз нуќтањои як-

хела иборат буда, шумо аз онњо мегузаред. Њангоми чархзанї (њалќаи дар дасташ бударо чарх занонда) дар дохили ман нуќтањое вуљуд доранд, ки онњо оддї не-станд. Кура: - Кї дар нуќтаи

муњимтарин истодааст?

Давра: - Онро маркази нуќтањои давра мегўянд. Аз марказ дар ма-софа якхела љойгиранд.Кура: (ба давра нигариста ) -

Муносибати шумо ба Хати рост чї гуна аст?Давра: - Мебинам, ки Хати

рост чї гуна рафтор мекунад. Рафтораш хуб бошад, хубам ва баракс…Кура: - Масалан, агар хати

рост бо шумо бошад, масофаи байни ду нуќтаро чї хел њисоб карда мешавад?Давра: - Дар дохили ман аз ду

нуќтаи як хати рост гузаранда-ро хорда мегўянд. Њар ќадар ки нуќтањо ба марказ наздик шаванд, Хати рост њамон андоза дароз ме-шавад. Хати рост: - Ман дар давра

фаќат якто нуќтаи умумї дорам ва дар њамвории он мехобам. Маро Хати рости ба давра расан-да мегўянд.Камони давра (бетоќатї

зоњир мекунад ва њозирљавобона мегўяд): - Ман дар байни ду нуќтаи Давра, хоњ хурд бошаду хоњ калон, љой дорам, яъне, ќисми онро ташкил медињам. Давра аз ќисмњои ман таркиб ёфтааст. Давра: - Дар айёми љавониам

маро ба 3600 таќсим карданд. Чањор камони калонро ташкил медињам. Дар њаќиќат ту ќисми ман мебошї. Њар як камон 900 – и мебошанд. Агар шумо набошед, ман вуљуд надорам.

Кура (ба давра нигоњ карда): - Маърўзаи њисоботии шуморо шу-нида, бисёр хурсанд шудам. Бале, хеле оќилона худро муаррифї кардед. Ташаккур.Силиндр (ба раис нигариста): -

Њоло навбати кї? Хоњишмандам, Параллелњо гўед, ки аз куљо ома-дед ва ба куљо равонед?Параллелњо: - Мо худамон

њам намедонем, ки аз куљо ома-дем ва ба куљо равонем… Мо њељ гоњ њамдигарро намебурем, пеши роњи якдигарро намегирем ва рост дар шафати њамдигар ду, се ва аз ин њам зиёд рост истода мегуза-рем, тамоми шаклњои геометрї, хоњ дар њамворї бошаду хоњ дар фазо, дар асоси «Ду хати росте, ки ба хати рости сеюм параллел аст» ба якдигар параллел мешаванд.КУРА: - Бале! Хосиятњои асо-

сии шумо, ки њеч ваќт аз болои яке ќадам монда намегузаред, ба-рои бародарони Росткунља, Ромб ва Квадрат хизмати шоиста меку-нед. Дар паси шумо касе пинњон шудааст. Оне, ки ду пой дораду сар надорад, чї касест? Кунљ: - Шумо, раиси муњтарам,

нисбат ба ман бењурматї зоњир кардед. Аз ин суханони шумо ман ба ќањр омада, сарам таф-сид. Њоло он ки сари ман њамчун ќуллаи кунљ хизмат мекунад. Чи-зеро, ки пойњои ман њисоб кардед, онњо тарафњои кунљ буда, онњоро озодона чен карда метавонед.

МАШЃУЛИЯТ Шабнишинии математикї дар мактаб

Наќшњои мухталифро ба иш-

да

ркибушка

та

н

(Давомаш дар сањ.15)

№ 47, 22 ноябри соли 2013 7ОМЎЗГОР МАВЗЎИ РЎЗ

Аз 21 июни соли 1944 баъди имтињони хатмкунї ба хатмкунандагони аълочї додани медалњои тилло ва нуќра расм гардид.

ЗАБОН ВА ЗАМОН

АНДЕША

Дар оѓоз директори Пажўњишгоњи рушди маориф Шарифмурод Исрофилниё маќсади баргузории чорабини-ро шарњ дода, аз љумла, гуфт:

- Пўшида нест, ки бањсњо дар атрофи забон ва имло то имрўз идома доранд. Бубинед, ки аз истиќлолияти кишвар 22 сол гузашт, љомеа дигар шуд, вале мушкилоти имло, баръакс пе-чидатар гашт. Кор то дараљае расидааст, ки омўзгор ба шо-гирд чї гуфтан ва нависанда чї навиштанашро намедонад, њама саргум, њалли он дар да-сти шумо, забоншиносон, аст. Вазири маорифи љумњурї

Нуриддин Саидов дар бораи бањсу мушкилоти мављудаи забон ва дарёфти роњи њалли масъала љињати аз мушкилињои фаннї баромадани омўзгорону хонандагон ва умуман, ањли маориф сухан карда, диќќати њозиринро асосан ба њалли як масъала- истифодаи «ў» дар калимањои забони тољикї дар мавриди таълифи китобњои дарсї љалб намуд. Зикр шуд, ки њадафи Вазорати маориф аз љамъ кардани забоншиносон мардумро аз роњгумї наљот до-дан аст.

-Аз дастуру таъкидњои Сар-вари давлат бармеояд, ки соњаи маориф њамеша барои љомеа соњаи калидї мемонад, - изњор намуд вазир. – Дар пешбурди кори вазорат ислоњот омили муњим аст. Фикр мекунам, дар баланд бардоштани сифати тањсилоти хонандагон як ќатор монеањо љой доранд. Нишасти

имрўзаи мо аслан аз бањсњои олимони соња атрофи масоили имло, ба хусус, имлои њарфи «ў» аст. Мо бояд роње ёбем, ки дар таълифи китобњои дарсиву бадеї ба ѓалатнависї хотима дода тавонем. Сипас, раиси Кумитаи забон

ва истилоњоти назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, док-тори илмњои филологї, про-фессор Додихудо Саймидди-нов дар бораи сиёсати давлат дар соњаи забон дар партави дастгирињои Сарвари кишвар ва њадафњои пешгирифтаи ку-мита сухан кард.

- Имрўз мо на дар давраи солњои 20-ум, ки сиёсати дав-лат аз истиќлолияти забони мо пуштибонї намекард, балки дар айёме ќарор дорем, ки сиё-сати давлат ба забони модарии мо маќоми милливу давлатї муќаррар кардааст, - баён дошт ў. – Мо бояд дониста бошем, ки дар њалли њама мушкилоти имло танњо ба кор бурдани та-факкури илмї моро ба њадаф расонда метавонад. Њар нуќтаи назар бояд исбот дошта бошад, барои ин ду асосро ба назар ги-рифтан зарур аст: асоси илмї ва таърихї. Забон аз тарафи Пре-зиденти кишвар аз муќаддасоти миллї эълон шудааст, пас, ин муќаддасотро мо бояд гиромї дошта бошем. Масъалае, ки ба «ў» иртибот дорад, аслан њељ љои бањс надорад. Зеро худдорї аз калимањои арабие, ки «ў» ба-рояшон бегона аст, њатмист, мо набояд аз ин сарпечї кунем. Ас-лан ин гапи нав њам нест, њанўз дар имлои соли 1972 ин гап буд, вале ќарори њукумат иљро нашуд. Аљиб аст, ки ўзбекњо муќаррароти забони класси-киро риоя мекунанд, вале мо, ки соњибони ин забонем, не. Мо дастхатњоро вараќ зада, баъд хулосаи худро пешнињод намудем. Ин калимањо дар за-бони тољикї ангуштшуморанд (њамагї 130-то). Ин пажўњишро Фарњодї дар Париж ба анљом

расондааст. Дар шароити феълї мо ба истеъмоли њељ гуна во-жаи лањљавї ниёз надорем. Дар «Ќоидањои асосии имлои забо-ни адабии тољик» (соли 1972) дар иртибот ба навишти њарфи ў чунин омадааст: б)дар њиљои баста пеш аз њарфи њ ва ало-мати сакта (ъ): анбўњ, бўњтон, зўњра, мўњлат, сўњбат, шўњрат, мўътабар, мўътадил, мўъљиза ва ѓ. Ин меъёри ѓайритаърихї, ки хилофи меъёри навишт ва талаффузи забони адабии классики форсї-тољикист, бо Ќарори Њукумати Љумњурии

Тољикистон аз 3 сентябри соли 1998 (№355) аз «Ќоидањои им-лои забони тољикї» хориљ гардид. Ќарори мазкур далели беэътибор донистани меъёри имлои соли 1972 дар ин мав-рид мебошад. Дар баробари ин, дар «Ќоидањои имлои забо-ни тољикї» (соли 1972) ќоидаи дигари ѓайритаърихї дар шак-ли «ўм» (якўм, чорўм, панљўм, шашўм) навиштани «ум»-ро инкор кард. Донишмандони за-боншиноси тољик дар муќобили ин ќазовати дуруст њељ гуна эъ-тирозе накарданд. Имрўз низ моро зарур аст, ки танњо ва танњо аз меъёрњои таърихї ва илмї кор гирем, на аз меъёрњои ѓайриилмї ва лањљавї. Зикр шуд, ки ин иштибоњ

дар навишти калимањои туркї-ўзбекї низ ба чашм мерасад. Яъне, тавре забоншиноси машњур В.С.Расторгуева дар тањќиќоти худ исбот кардааст, ин меъёр ва равиш, ки дар за-бони дарии классикї, форсии муосир ва дарии Афѓонистон низ вуљуд надорад, дар забони тољикии навишторї аслан бар пояи меъёри чанде аз лањљањо ворид гардидааст. Ба андешаи устоди

Донишгоњи миллии Тољикистон Бањриддин Камолиддинов њар он калимае, ки аз забони дигар

ба забони мо ворид мешавад, хусусиятњои забони моро ба худ мегирад, яъне тољикї мешавад.

-Ба забони мардумї амр кар-да намешавад, - гуфт ў. - Устод Айнї ду меъёр дошт, яке, ди-гарон чї навиштаанд, дигаре, имрўз чї мегўянд?Забоншиносон Њ.Маљидов,

А.Кучаров, С.Аминов, А.Байзоев, Ш.Кабиров ва чанд нафари дигар атрофи пањлуњои гуногуни ќоидањои имло бањсњо оростанд. Устоди Донишгоњи миллии Тољикистон Д.Хољаев ќайд кард, ки дар њама гуна маврид заминањои таърихии рушду инкишофи забонро ба назар гирифтан лозим аст.

-Дар таърихи афкори забон-шиносии араб миёни ду мактаб

бањс мерафт, -гуфт ў. -Яке дар имло «Ќуръон»-ро меъёр му-айян мекард, дигаре ба назар гирифтани инкишофи забонро муњим медонист. Дар њар сурат меъёри имлоро на мардум, бал-ки асњоби сухан муайян мекар-данд. Аз нигоњи устоди ДМТ

Шањбоз Кабиров, модом ки гап сари таълифи китоби дарсї ва масоили имло, ба хусус, имлои «ў» меравад, мо бояд коре ку-нем, ки омўзгорону хонандагон аз саргумї рањо ёфта тавонанд. Воќеан, дуруст аст. Ончунон

ки дар шинохти «ї» меъёр до-рем, бояд бо ягон роњ «ў»-ро ба шогирдон шинос карда таво-нем. Чун теъдоди ин калимањо чандон зиёд нест, бењтараш, аз бар кардану дар хотир нигоњ доштани онњоро ба шогирдон талќин намоем. Ё…

- Мову шумо дар масъалаи имлои забони худ бояд тафак-кури илмиро ба кор барем, -таъкид намуд Д.Саймиддинов. – Дар акси њол маќоми забони миллату давлати худро аз даст медињем. Устод Садриддин Айнї дар маќолааш «Оид ба вазъияти забоншиносии тољик» («Шарќи Сурх», 1952, №6, с.3-8) таъкид кардааст: «…агар дар имло талаффуз асос гирифта шавад, дар забон анархия пай-до мешавад, чунки талаффуз дар њар замон ва дар њар ноњия дигаргуншаванда аст...».Чунин менамояд, ки мо сари

ваќт њамин нуктаро ба мардум фањмонда натавонистем. Мо бояд дониста бошем: љабре, ки имрўз мекашем, иштибоњи дигарон аст. Бо вуљуди ин, ин иштибоњ ислоњ мехоњад, зеро шакли дурусти навишти ин калимањо њанўз чанд аср пеш дар «Ќуръон», бар илова дар осори бузургони илму адаби мо муайян шуда буд.

Саидаи ФАЗЛ,Шодї РАЉАБЗОД,

«Омўзгор»

Иштибоњ аз дигарон, ислоњ аз моМизи мудаввар дар мавзўи «Китоби дарсї ва масоили имло»

Махсусан, боиси гуногунандешї ва шубњаовар гаштани шакли ду-руст ё ѓалати баъзе аз калимањои то имрўз истифодашаванда ва баъди ќабули имлои нав дигаргун гаштани ќоидањои корбасти онњо хонанда ва њатто, ќаламбадастонро як дараља ба мушкилї ва нофањмињо оварда мера-сонад. Маънои луѓавии вожаи арабии «имло» дар китоби Фарњанги забони тољикї ба мазмуни «дуруст навишта пур кардан», ифода ёфтааст. Аз ин рў, донистани шакли дурусту оммафањми њуруфу калимањои забони тољикї аз рўйи имло барои њар як фарди соњибфарњанг шарту зарур аст. То ќабули Имлои нави забони

тољикї ќоидањои кор фармудани им-лои садоноку њамсадоњо, хиссањои нутќ

ва дигар њолатњои забонї аз рўи меъёри забони адабии тољик, чунон ки дар ки-тоби имлои луѓати Я.И.Калонтаров, А. Маниёзов ва А. Мирзоев сабт ёфта буд, ба аксари омўзгорони муассисањои таълимии миёнаю олї, муассисањои давлатию нашрияњои табъу нашр фањмо ва ќобили ќабул истифода ме-гардид, аммо пас аз ќабули имлои нав ва воридоту таѓирот дар истифодаи баъзе садоноку њамсадо дар байни истифодабарандагони имлои забо-ни тољикї як навъ пурсишу посухњои бањсбарангезро ба вуљуд овард. Дар таљрибаи њамарўза шоњиди њолатњое мешавем, ки мутахассисони собиќадор аз њам пурсон мешаванд: «Калимањои «мавзўъ, мўњтарам, шўъба…» бо у на-вишта мешаванд ё ў?» Албатта, ќабули имлои нави забо-

ни тољикї аз манфиат холї набуда, таќозои замон аст. Дар меъёри исти-фодаи имло, ки яке аз рукнњои асосї ва сохтори муайяни тарзи дурусти нормаи забони адабии давлатї мебо-шад, ба вуљуд омадани чунин таѓироту иловањо табиї мебошад. Вале барои

љорї намудани чунин як ќоида ё ме-ъёр масъулони соњаро мебоист, ки са-раввал аз сабаб ва зарурати илмии пеш омадани чунин иќдом тавассути рўзномаву маљаллањо, барномањои те-левизиону радио бо соњибони забон гуфтугўи мустаќим доир менамуданд. Яке аз масъалањои бањсталаби им-

лои нав дар он аст, ки аксари ањли ќалам дар истифодаи садоноки «у» ва «ў» душворї мекашанд. Доир ба ин мавзўъ дар рўзномаи даврї ишо-рае дар истифодаи дурусти садоноки «у» ва «ў» тибќи дастури нав дастраси хонанда гардидааст. Дар тавсиянома калимањои интихобие, ки ба таври ми-сол оварда шудаанд, истисно аз чанд калимаи маъмули забони тољикї, ди-гар аксар калимањои арабї, аз ќабили муњмал, муњаррик, мўњтавї, муњтадї, муњтазар, муњтаќин, муњтамил буда, ќариб дар забони тољикї истифодаи бурда намешаванд. Бењтараш ба љойи ин калимањои но-

ошно аз дигар калимањои ба таѓирот дучорамадаи маъмул дар забони адабии тољик бештар мисол оварда мешуд. Дар

њамон тавсиянома оид ба масъалаи таб-дили садоноки «ў» ба «у» дар забони классикї ишора шудааст, ки калимањое, чун буњрон, буњтон, зуњд, зуњр, Зуњра, куњан, муњтарам, муњлат, муњсин, туњфа, шуъба, муътабар, луъбат минбаъд бо њарфи «у» навишта мешаванд ва дар ин хусус њам ягон шарњу эзоњ дода нашуда-аст. Албатта, ин пешнињоди банда илољи

њалли мушкилоти имло нест. Агар мав-риди таѓиру иловањо ќарор гирифта-ни имлои нав пештар дар назар до-шта мешуд, шояд дар чопи китоби нави дуљилдаи «Фарњанги тафсирии забони тољикї», нашри соли 2008 дар ќисмати њарфи «ў» ва «у» ин ѓалатњо роњ намеёфтанд. Хонанда метавонист бе мушкилї ба муњлати дуру дароз аз рўйи ин маъхаз чун китоби дуљилдаи Фарњанги забони тољикии соли 1969 истифода намояд.

Њафизаи БОБОЉОН, корманди Донишкадаи такмили ихти-

соси муаллимони раёсати маорифи шањри Душанбе

Имло шарњу тавзењ мехоњад

№ 47, 22 ноябри соли 20138 ОМЎЗГОР ТАДРИС

Мактаббачагон соли 1942 бештар аз 1,2 миллион нињоли гуногун шинонданд.

КОНФРОНС

Сабку шевањои навитаълим заруранд

Конфронсро Президенти АТТ Ирина Каримова ифтитоњ бахшида, перомуни равандњои љадиди таълим дар солњои охир дар муассисањои таъли-мии шањру навоњии кишвар, ки њароина бо иќдому ибтико-роти олимону пажўњишгарони илми педагогикаи љумњурї рўи кор омадаанд, мухтасаран њарф зад.Мавсуф, аз љумла, ќайд

намуд, ки яке аз ин шевањои тоза, ки тайи чанд соли охир дар макотиби мамлакат зуњур намудааст, таълими њамгиро мањсуб меёбад, ки бешак, ба сифату самараи дарсу машѓулиятњо ва омўзиши суд-манди хонандагон таъсири мусбат расонида, натиљањои дилхоњ ба бор овардааст. Ва масъалае, ки имрўз мавриди баррасї ва муњокимаронињо ќарор мегирад, дурнамои таълим бо усули њамгиро, хосатан дар китобњои «нас-ли нав» ва машѓулиятњо дар синфњои поёнї ба шумор ме-равад. Сипас, муовини вазири маориф Т.Мањмадова атрофи ташаббусњои неку ибратомўзи кормандони АТТ ва ПРМ, ба вижа таълиму тадрис ба ше-ваи њамгиро дар мактабњои љумњурї ибрози аќида на-муд. Ў зикр кард, ки масъалаи татбиќи ислоњоти соњаи мао-риф њамвора дар мадди наза-ри рањбарияти вазорат ќарор гирифта, роњандозї ва амалї намудани таълими њамгиро ва дастоварду муваффаќиятњои он аз ин ќабил пешравињо ба њисоб мераванд.

- Муњокима ва барра-сии барномаву стандартњои фаннї ва китобњои дарсї, ки ба тозагї таълиф ва рўи чоп омадаанд, ба гунаи доимї ва мутассил аз љониби вазорат пайгирї ва бањогузорї карда мешаванд, - гуфт муовини ва-зир Т.Мањмадова. Вале як чиз мусаллам аст:

бояд донисту дарк намуд, ки дар љараёни навини таълим муаллифони китобњои дарсї аз кадом тарзу сабки содда-ву осонбаён кор гирифта, ба рушди тафаккури мантиќию интиќодии хонандаи имрўз мусоидат мекунанд. Оё ин тарзу усулњои нав, минљумла, таълими њамгиро минбаъд низ ба тавлиди андешаву афко-ри сањењу пухтаи мактаббача дар макотиби гуногуни шањру навоњии мамлакат оварда ме-расонад ё не? – афзуд муовини вазир. Ба аќидаи муовини вазир,

дар таълими муосир натиљаи амалии бадастомадаи ин методњои љадид наќши мон-дагор мебозанд. - Дар ин роњ, - баён дошт ў, - њаргиз шитоб-задагию саросамегї ва пай-равию таќлиди ноогоњона ба мамолику кишварњои мухта-лифи рўи олам набояд љой до-шта бошад. Оќибату фарљоми њар як амалу иќдом аз љониби олимону пажўњишгарони соњаи педагогика бояд амиќан тањлил ва андешида шавад.

Зарурати таълими њамгиро- Таълими њамгиро бозёфти

олимони соњаи педагогикаи љањон мебошад,-гуфт акаде-мик Мањмадулло Лутфуллоев. - Номбурда дар идома суха-

ни хеш баён намуд, ки вай шоњиди бевоситаи татбиќ ва амалї гар-дидани таълим бо усу-лу нањваи њамгиро ва тафриќа дар макотиби љумњурї буда, њанўз соли 1988 њамчун вакил аз Љумњурии Тољикистон дар Анљумани умумииттифоќии муал-лимон дар шањри Ма-скав иштирок дошта-аст ва мањз дар њамин Анљуман зарурати ислоњ ва дигаргун намуда-ни сабку тарзи тадрису таълим дар тамоми ма-котиби ќаламрави Иттињоди Шўравї ба миён гузошта шуда буд. Вазири ваќти мао-рифи иттињоди Шўравї Яго-дин аз ду омили хатарзо, ки тадриљан садди роњи омўзиши мактабиён гардида истода буд, изњори ташвишу нигаронї на-муд. Якум, сербории фанњои таълимї ва масруфияти зиёди ваќти хонандагон, ки наќшаву барномањо ва китобњои дарсї пешбинї карда буд ва дуюм якрангию якнавохтї ва ќолабиву дилгиркунанда бу-дани мундариљаву муњтавои дарсу машѓулиятњо дониста мешуд.

- То соли 1937 дар наќшаи таълимї забони модарї њамчун фанни тому яклухт ни-шон дода шуда буд, - тавзењ дод М.Лутфуллоев.- Баъдтар ин фан ба ќисмњо људо карда шуд.Баъди аз анљуман, аз

шањри Маскав баргаштан барои таљриба мазкурро (яъне, таълими њамгиро ва усули тафриќаро) омўхтан ба љумњурињои Лаби Балтика ва кишварњои Аврупо сафар анљом додем. Ба мушоњида ги-рифтем, ки дар таълимгоњњои мамлакатњои номбурда танњо як китоби дарсї – «Забони модарї» (на «Хониш») ис-тифода ва омўзонида меша-вад. Суол меафтад, ки чаро мо фанни «Забони модарї»-ро ба ќисмњо људо кардем? Магар ин амал ягон заминаи ќавї дошт? Бад-ин хотир, мо низ соли 1988 дар назди АТТ лабораторияи махсусро доир ба тањќиќ ва омўзиши тарзи таълими њамгиро ва тафриќа

дар макотиби љумњурї таъ-сис додем. Озмоишро дар ду мактаби таљрибавї – мактаби №65, ноњияи Рўдакї (он ваќт Ленин) ва таълимгоњи дењаи Басмандаи ноњияи Ѓончї ба таври амалї шуруъ намудем. Бањри њавасмандгардонии омўзгорони мактабњои зик-ршуда ба эшон аз њисоби АТТ (собиќ Институти тадќиќотии Академияи илмњои педагогї) ба миќдори 25 дар 100 маоши иловагї таъин намудем. Иб-тидо мушкиливу мураккабињо ва нофањмињо љой доштанд. Вале батадриљ он њама рафъ гардиданд ва дар ин самт натиљањои мусбат ба даст овардем. Омўзгорони ин ду

мактаб аз тарњрезї ва пиё-дасозии як чунин тозакорї дар раванди таълим хуш-нуду хушњол гардиданд ва машѓулиятњои хешро дар асоси ин сабку усул тањия ва омода намуданд.Аммо, бадбахтона, бо

шурўи љанги касофатбори дохилї њама наќшаву ниятњои неки кормандони АТТ ба боди фано рафт. Дар њар су-рат, таљрибаву озмоишњо дар мактаби дењаи Басмандаи ноњияи Ѓончї, ки аз љангу даргирињо дур буд, идома ёфтанд ва самараи чашм-рас њам доданд. Бо тањкими сулњу субот дар љомеа дубо-ра таълими њамгиро дар кул-ли дабистонњои кишвар љорї карда шуд, ки дастовардњо дар ин боб хеле зиёданд.

Файзулло Шарифзода:Таълими њамгиро, яъне чї?Академики АТТ Файзулло

Шарифзода маърўзаи худро ба мавзўи њамгироии таъли-ми фанњо, рушди љањонбинии илмї, тафаккури мантиќї ва манфиати иќтисодии ин усули тадрис бахшида, сабабњои ба миён гузошта шудани тањќиќи проблемаи мазкурро муфасса-лан шарњу тавзењ дод. Олими шинохта ба самъи њозирин расонд, ки солњои тўлонї дар љараёни таълим зиёд шудани фанњои дарсї иттилооту маъ-лумот ва донишњои аз меъёр афзун ба хасташавии фикрию зењнї ва љисмонии хонандаи мактаби муосири тољик сабаб-гор шуд. Натиља он шуд, ки бо омўзиши фанњои алоњида парокандагии донишњо ба вуљуд омад, ки он боиси

нафањмидани яклухтии ашёву њодисањои олам ва фањмишу тафаккури тому воњид гардид. Ба таълими њамгиро гузаштан дар макотибу таълимгоњњои кишвар маќсадњои нињоии ху-дро дорад, ки аз инњо ибора-танд:

1. Кам кардани теъдоди фанњои таълимї;

2. Аз байн бурдани сарбо-рии хонандагон;

3. Муваффаќ шудан ба тасаввурот њосил кардан дар бораи яклухтии олам ва донишњои тому воњиди хонан-дагон;

4. Такомулу рушд бахши-дан ба љанбаи фикрию зењнии мактабиён;

5. Инкишофи тафак-кури хонанда: тањлил, муњокимаронињои озод, каш-фи асрори мантиќии ашё, њодиса ва рўйдодњо;

6. Манфиати иќтисодї: кам карда шудани сарфу харољоти тањия ва чопи китобњо, ма-води дидактикї, сарбории устодону омўзгорон, масру-фияти ваќти хонандаи мактаб, њафтаи панљсоатаи таълим.

- Ба омўзиш ва тањќиќу амалї намудани усулу тарзњои гузарондани таъли-ми њамгиро мо барваќт, њанўз аз солњои 90-уми асри гузаш-та оѓоз карда будем, - гуфт Ф.Шарифзода. Тањќиќоти ху-дро тањти унвони «Назария ва амалияи таълими њамгиро дар марњилаи ибтидоии мактаби миёна» соли 1997 ба Россия ирсол намудем. Директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзии Маскав Дадо-нов ба пажўњиши кормандони АТТ бањои баланд дода, моро дастгирї кард. Ва зањмату ранљњои олимон барабасу ройгон нарафт. Инак, имрўз дар Тољикистон китобњои дар-сии «Забони модарї» барои синфњои ибтидої (муаллифон М.Лутфуллоев, И.Абдуллоев, Ф.Шарифзода ва дигарон) ва барномањои таълимї тањия шуда, чандин маротиба таљдиди назар шуданд. Кито-би «Забони модарї» (барои

синфњои 1,2,3,4) бо таљдиду иловањо соли 2012 дафъатан ба нашр расонида шуданд.Тадќиќоти њамгирои

фанни «Суруд ва мењнат» (кашидадўзї ва суруд), муал-лиф М.Рўзиев (шањри Хуљанд), «Тарзи њаёти солим» (эколо-гия ва ватанпарастї), муаллиф С.Туронов, «Математика ва табиат» (муаллиф Д.Назаров, шањри Норак) идома дорад. Бояд гуфт, ки таълими њамгиро дар љумњурї, дар синфњои ибтидої аз рўи ќонунияти «Хати мављдори болораван-даи таълим» ба љойи «Хати бемайлон болоравандаи таъ-лим» ба роњ монда шудааст. Яъне, таълими њамгиро аз рўи њикмати мардумї – «бардошт зам кун, набардошт кам кун» роњандозї мегардад».

- Файзулло Шарифзода дар фуроварди баромади худ аз он изњори ташвиш намуд, ки атрофи амалї гардидани таълими њамгиро гапу њарфи зиёд ва монеаву садњои маснўї эљод карда мешавад, ки бар зиёни кор мебошад.

- Овозањо дар хусуси он ки дар Россия аз таълими њамгиро даст кашидаанд, ѓалат аст, - шарњ дод педагоги маъруф. -Дар он кишвар, ки танњо соли 2000, яъне баъд аз пажўњишњои мо ба татбиќи проблемаи таъ-лими њамгиро шуруъ карда-анд, 209 тадќиќоти илмї, аз љумла, 28 рисолаи докторї ба анљом расонда шудаанд. Тадќиќоту ковишњои илмии мазкур проблемањои таъли-ми њамгироро дар синфњои ибтидої, асосї, болої ва ма-котиби олии Русия мавриди назар ќарор додааст, ки имрўз самараи дилхоњ додааст.

Чанд пешнињодИштирокдорони конфронс

дар хатми њамоиш бањри њалли љиддии проблемањои мављуда дар таълими њамгиро пешнињодоти худро ироа на-муданд, ки ба тариќи зайл ме-бошад:

1. Ба теъдоди зиёд нашр кар-дани монография ва дастурњо оид ба таълими њамгиро.

2. Чопи аёният вобаста ба таълими њамгиро.

3. Љорї кардани курси махсус дар донишгоњњо ва факултањои омўзгорї.

4. Гузаронидани курсњои таълими њамгиро дар ДЉТИБКСМ.

5. Омўхтани манфиати иќти-содии љорї кардани таълими њамгирои фанњои аз љињати мазмуну муњтаво ба њам ќаробатманд дар мактабњои миёна ва олї.

6. Зиёд намудани соатњои дарсї то 65-70 фоиз дар до-ираи фанњои ихтисосї: пе-дагогика, методикаи таълим ва психологияи педагогї дар донишгоњњои омўзгорї.

Шодї РАЉАБЗОД, «Омўзгор»

Таълими њамгиро:дастовард ва муваффаќиятњо

Аз идора: нашрияи «Омўзгор» барои равшанї андох-тан ба масъалаи татбиќи таълими њамгиро, мушки-лот ва проблемањои мављуда дар ин самт навиштањои омўзгорону мутахассисон ва муњаќќиќону донишман-донро ба табъ хоњад расонд. Оё љорї намудани ин усу-ли таълим дар муассисањои таълимии кишвар самараву суде тайи солњои охир ба бор овардааст? Таљрибаи амалї ва мушоњидањои омўзгорон аз чї мегўяд?Мо интизори номањои шумоем, устодони азиз!

№ 47, 22 ноябри соли 2013 9ОМЎЗГОР МАЪРИФАТЊАМОЙИШ

ДАР МАРЗИ ХУДШИНОСЇ

Солњои љанг мактаббачагон бештар аз 10 њазор тонна оњанпораи сиёњ ва ранга љамъ оварданд.

Зимни сухани ифтитоњии худ вазири маориф Нуриддин Саидов зикр намуд, ки дар фазои амалї гардидани ислоњоти соњаи маорифи кишвар илми муосири таърихи халќи тољик ба даврабандии нав ниёз дорад.

-Даврабандии нави таърих тавре роњандозї гардад, ки пањлуњои то кунун нокушодаи ин соњаи муњими илм барои насли имрўз ва ояндаи тољик рўшан гардад ва ин насл аз асолати гузашта-гони худ воќиф гардида, дар ин замина рўњияи хештаншиносии худро боз њам баланд бардорад,-ќайд намуд вазири маориф Н.Саидов.-Ман фикр мекунам, ки дар масъалаи даврабандии љадиди таърих муњим аз њама фикру аќидањои коршиносони ин соња ба шумор мера-вад. Ваќти он расидааст, ки њамагон аз назарияи даврабандии синфии таърих даст кашем. Њамчунин, дар таќсимоти соатњо дар барномањои таълимї беш-тари ваќт ба давраењо дода шавад, ки барои миллати мо давраи хос мањсуб меёбанд.Сипас, устоди Донишгоњи давла-

тии омўзгории Тољикистон ба номи С.Айнї, доктори илми таърих, про-фессор Њайдаршо Пирумшоев маърўза намуда, аз љумла, зикр кард, ки давра-бандии илми таърих дар таърихшиносї падидаи нав набуда, дар њар давру за-мон хусусиятњои ба худ хосро доро мебошад. Дар идомаи маърўзаи худ профессор Њ.Пирумшоев аз таърихи даврабандии ин илм дар гузаштаи дур ва минбаъд маълумоти сањењ дода, зару-рати нигоњи нав ба даврабандии таъри-хи халќи тољикро бо далелњо собит на-муд. Зикр шуд, ки таърихи халќи тољик аз дидгоњи нав бояд чунин даврабандї карда шавад:

1. Давраи ќадимтарин (аз як миллион

сол пеш аз милод то њазорсолаи 6-и пеш аз милод).

2. Давраи ќадим (аз њазорсолаи 6-и пеш аз милод то охири асри II милодї).

3. Давраи миёна (аз асри III милодї то нимаи дуюми асри XIX).

4. Давраи нав (аз нимаи дуюми асри XIX то ибтидои асри XX).

5. Давраи муосир (аз ибтидои асри XX то замони имрўза). Ба андешаи устоди Донишкадаи

соњибкорї ва хизмат, доктори илми таърих, профессор Намоз Њотамов за-рур будани даврабандии таърих солиё-ни зиёд дар маркази диќќати зиёиёни тољик будааст. Ваќте сухан дар бораи даврабандии таърих дар синфњо аз рўйи барномаи таълимї меравад, барои бар-номаи баъдї, ки омода мешавад чунин таќсимбандї карда шудааст:

1. Синфи 5 (34 соат). Давраи ќадим ва ќадимтарин - 10000 сол пеш аз милод то асри III милодї, ки то оѓози давлатдо-рии Сосониёнро дар мегирад.

2. Синфи 6 (68 соат). Давраи аввали асрњои миёна - аз асри III милодї то иб-тидои асри XIII, яъне аз замони Сосони-ён то давраи њуљуми муѓул.

3. Синфи 7 (68 соат). Давраи миёнаи асрњои миёна - аз асри XIII то нимаи ав-вали асри XIX, яъне аз њуљуми муѓулњо то њуљуми Россияи подшоњї.

4. Синфи 8 (68 соат). Давраи охир асрњои миёна - аз нимаи дуюми асри XIX то соли 1917, яъне аз забти Рос-сияи подшоњї то Инќилоби Октябр. Њамчунин, ин давраро метавон давраи мустамликавї номид.

5. Синфи 9 (34 соат). Давраи нав,

ќисми аввал - аз соли 1917 то соли 1941.6. Синфи 10 (34 соат). Давраи нав,

ќисми охир - аз соли 1941 то соли 1991.7. Синфи 11 (34 соат). Давраи муо-

сир - аз соли 1991 то имрўз, яъне замони Истиќлолияти давлатии кишварро дар бар мегирад.Дар баробари таърихи халќи тољик,

зимни муњокимањо таърихи умумї низ даврабандї карда шуда буд. Аз муњокимањои пешакї ба хулосае омадан мумкин аст, ки таърихи умумї бояд чу-нин даврабандї карда шавад:

1. Синфи 5-таърихи дунёи ќадим, яъне аз замонњои ќадимтарин то шикасти им-перияи Рим.

2. Синфи 6 - аз асри V то асри XVI, яъне аз шикасти империяи Рим то та-шаккули муносибатњои сармоядорї.

3. Синфи 7 - давраи нав аз ибтидои асри XVI оѓоз мегирад.

4. Синфи 8 - давраи нав, яъне аз асри XIX то ибтидои асри XX.

5. Синфи 9 - солњои 1917 -1945.6. Синфи 10 - аз соли 1945 то охири

асри ХХ.7. Синфи 11 - таърихи муосири љањон,

яъне аз соли 1991 то имрўз.-Њамчунин, њангоми таќсимоти

соатњо ва даврабандї душворињо низ љой доштанд. Яъне, дар синфи 5 мо даврабандї карда, давраи ќадим ва ќадимтарин номгузорї кардем,-ќайд намуд Н.Њотамов. -Дар зери мафњуми ќадимтарин давраи пайдоиши инсоният низ фањмида мешавад. Аммо ин давраро низ бояд номгузории алоњида кард, яъне нигоњ доштани номи аввала-давраи ибтидої ба маќсад мувофиќ аст.

Тавре шоњидем, дар давлатњои њамсоя даврабандии таърихї ба шеваи ди-гар номгузорї шудааст. Агар мо ба ин њамсоядавлатњо пайравї намоем, муш-килоти дигар дар ин самт пеш меоянд, аз ин рў, мо даврабандии хоси худро таъсис додем. Давлатњои дигар давраи мустамликадорию давраи Шўравиро як номгузорї карда, дар як давраи му-айян омўхта истодаанд. Ба андешаи банда, давраи мустамликадорї, давраи Шўравї ва давраи Истиќлолият бояд љойи бањс набошад ва дар як соати муй-ян омўхта шавад. Зимни маърўза ва аќидаронињои оли-

мон Њ.Пирумшоев ва Н.Њотамов ањли нишаст масъалаи муњокимашавандаро мавриди бањсу тањлилњо ќарор доданд. Аз љумла, доктори илми педагогика Т.Зиёзода ќайд намуд, ки даврабандии илми таърих бояд сараввал доир ба худи илми таърих ба амал ояд ва минбаъд барои макотиби тањсилоти миёна ва олии касбї бо назардошти хусусиятњои синнусолии хонандагону донишљўён таќсимбандї гардад.

-Ба аќидаи ман, - афзуд ў, - фаъолия-ти Донишкадаи тањќиќотии таърих ва археологияи назди Академияи илмњои љумњурї дар ин самт назаррас нест ва то њол масъалаи даврабандии таърихи кишвар онњоро ба ташвиш наовардааст. Ман фикр менамоям, ки њалли ин масъа-ла бояд як самти фаъолияти кормандо-ни ин муассисаи бонуфуз бошад. Дар идомаи муњокима Нурмуњаммади

Амиршоњї ва Њамза Камол фикру аќидањои худро дар мавриди мавзўи бар-расишаванда пешнињод намуда, зарурати таѓйироти куллиро дар масъалаи љорї дастгирї намуданд. Аз љумла, ќайд на-муданд, ки минбаъд омўзиши њаёти халќи тољик дар замони хонаводагї (яъне халќи тољик дар замони салтананти Ќарахониён, Ѓазнавиён, Темуриён, Шайбониён, Аш-тархониён, Манѓитиён) бардошта шавад.Дар фарљоми њамоиш директори

ПРМ Ш.Исрофилниё пешнињод на-муд, ки гурўњи корї фикру андеша ва пешнињодоти худро ба кумитаи та-дорукот ирсол менамояд ва хулосаи нињої дар шакли алоњида ва маќола дар њафтаномаи «Омўзгор» чоп ва дастраси њамагон гардонида мешавад.

Муњсин ШАРИФОВ, ходими калони илмии ПРМ,

Эњсони ХУШБАХТ, «Омўзгор»

Даврабандии таърих диди нав мехоњадМизи мудаввар дар мавзўи «Даврабандии таърихи халќи тољик аз дидгоњи нав»

Банда аввал ба зодгоњам - ноњияи Сўхи вилояти Фарѓона сар задам, ки њамдиёронам яксо-лагии эњёи ноњияро љашн меги-рифтанд. Баъд аз он ба шањраки Њайдарканд, ки тољиконаш њама сўхї њастанд, баъд аз он Гулпиён, Учќурѓон, Лоѓон, Водил, Чимён, Ќувосой, Намангон, Тошлоќ,

Марѓилон, Риштон барин чандин рустову шањраку шањрњои ориёї, ки ќисме ба Ўзбакистону ќисме ба Ќирѓизистон тобеият доранд, рафта, мењмони њаммиллатонам шудам. Аз он сафар бо кулбори вазнине баргаштам ва дар давоми ќариб ду моњ аз њаёти тољикони водии Фарѓона лавњаву маќолањо навиштам, ки дар рўзномаи «Садои мардум», њафтаномаи «Сомон» ва дигар нашрияњо бо номњои «Гање зинбапушту гање пушти зин», «Хайрият, ки ў њаст», «Риштон», «Чаро тољикон туркї хонанд?», «Об агар садпо-ра гардад...» ва ѓайра рўйи чопро диданд.Ёдам меояд, «Гање зинба-

пушту гање пушти зин» дар «Садои мардум» чоп шуда буд, ки аз рўзгори мардуми шари-фи Учќурѓон (ман ин маконро њаргиз дењкада ном намеба-рам, чун тарзи зисти мардуми он шањриёна буда, бо масоњати хеле васеъ шањраки ободе њам

њаст!)-и вилояти Ўш њикоят ме-кард. Чашм мепўшаму шањраки хушобу њавои Учќурѓон, соњили рўдаки Исфайрам, ки сокинон дар борааш ривоятњои хотир-мон наќл мекунанд ва ду хона-дони шарифро аз он диёр пеши назар меоварам: оилаи акои Саи-дазим ва хонаводаи акои Абдука-рим. Саидазим Пўлодиро њамчун марди миллатдўст на танњо дар Ќирѓизистон, балки дар Ўзбакистону Тољикистон низ хуб мешиносанд. Ин марди накўном он рўз дар гирди дастархони пурфайзаш аз саломатии адибон Абдулњамиди Самад, Гулназар Келдї ва чанди дигар, ки як-ду сол пеш мењмони тољикони водї гардида, бо хонандагони учќурѓониашон низ вохўрдаву мањфиле ороста будаанд, пурсон мешуд. Аз фаъолияти Љамъияти фарњангии тољикон, ки бо та-шаббуси ўву њаммаслаконаш дар Учќурѓон таъсис ёфтаву чан-де пеш президенти кишвараш

мењмони ин марказ гардида буд, бо ифтихор наќл мекард. Ў аз фарзандони номвари миллат, ки дар Ќирѓизистон соњибэњтиром буданд, њикояњо мекард. Аз ор-зуву ниятњои хеш мегуфт. Бовар дошт, ки ин љамъият дар оянда ба маркази пуриќтидори тољикони Ќирѓизистон табдил хоњад ёфт. Дуруст аст, ки «нияти нек

- ними давлат» мегўянд. Ва орзуњои ин марди нек љомаи амал пўшиданд. Инак, тољикони ин кишвари њамсоя 20-солагии мар-казро љашн гирифтанд!Бино ба матлабе, ки дўстам

Ќодиршоњи Мурувват да-страсам гардонид, Маркази тољикони Ќирѓизистон расман моњи ноябри соли 1993 бо та-шаббуси як гурўњ равшанфи-крони дењаи Учќурѓони ноњияи Ќадамљои вилояти Ўш (њоло ин ноњия тобеи вилояти на-втаъсиси Бодканд аст) рўйи кор омадааст. Аввалин раиси ин созмон академик Абдуњалим

Рањимљонов буд, ки њоло раиси Маркази хуни назди Вазорати тандурустии Ќирѓизистон аст.Тавре дар асосномаи созмон

омада, њадаф аз роњандозии он рушд ва нумўи забон ва фарњанги тољик дар Ќирѓизистон аст. Бояд гуфт, ки забону фарњанги форсии тољикї дар Ќирѓизистон бегона нест. Аз ањди ќадим дар љануби Ќирѓизистон тољикон зиндагї мекарданд ва њоло шу-мораи онњо дар ин кишвар ба беш аз 55 њазор нафар расида-аст.Аз љумлаи 55 њазор тољикони

ин љумњурї беш аз 35 њазор дар вилояти Бодканд ба сар меба-ранд. Боќї дар вилоятњои Ўш ва Љалолобод будудош доранд. Њоло дар Ќирѓизистон 9 мактаб мављуд аст, ки дар онњо забони тољикї тадрис мешавад. Аз ин теъдод се мактаб комилан тољикї буда, шаш мактаби дигар дузабо-наанд.

Маркази тољикони Ќирѓизистон 20-сола шуд!

(Давомаш дар сањ.14)

№ 47, 22 ноябри соли 201310 ОМЎЗГОР ИСЛОЊОТ

Соли тањсили 1943-1944 бори нахуст 11 мактаби шабона барои 850 хонанда кушода шуд.

АКСИ САДО

ИСТИЛОЊОТ

Дар замони муосир ченакњои (шкалањо) гуногуни бањодињии сатњи дониш исти-фода карда мешаванд. Дар баъзе ченакњо ифодањои раќамї ва дар дигар ченакњо бошад, ифодањои њарфї истифода бур-да мешаванд. Љумњурии Тољикистон то имрўз низоми бањогузории сатњи до-нишро бо низоми 5-балла (4-балла њисоб мешавад) муайян мекунад. Чунин ни-зоми бањогузорї солњои зиёд амал на-муда, барои муњассилин ва омўзгорони муассисањои таълимї ќобили ќабул гар-дидааст. Агар ченакњои бањогузориро дар љањони мутамаддин дида баро-ем, маълум мешавад, ки меъёрњои бањогузорї дар кишварњои мухталиф низ гуногун буда, аз рўи меъёрњои муай-ян натиљаи дониши хонанда бањогузорї карда мешавад. Бањогузорї ба дониши хонанда асосан робитаи мутаќобилаи байни омўзгор ва хонандаро ифода наму-да, тавассути он муайян карда мешавад, ки хонанда маводи таълимиро аз худ кардааст ва ё баръакс. Бањогузорї ин-чунин ифодакунандаи самаранокии фа-ъолияти омўзгор буда, муайян мекунад, ки то кадом андоза ба хонанда мазмун ва мундариљаи маводи таълимї аз тарафи омўзгор маќсаднок расонида шудааст. Дар муассисањои таълимии кишварњои гуногун шаклњои мухталифи бањогузорї истифода карда мешаванд. Масалан, дар Олмон ба дониши хонандагон аз рўи ни-шондоди аз 1 то 6 бал бањогузорї карда шуда, 1 нишондоди баландтарин аст. Дар Чехия бошад, чунин низом, вале бо нишондоди 5- балла муайян карда меша-вад. Дар ИМА бањогузорї бо њарфњо аз А то Ѓ ифода карда шуда, А балли олї њисоб меёбад. Аммо дар ин љо омўзгор њуќуќи бањоро дар синф эълон кардан надорад, зеро тибќи ќонунгузорї ин хи-лофи њуќуќњои кўдак мебошад. Чунин шакли бањогузорї дараљаи азхудкунии барномаи таълимиро дар байни хонан-дагон ба тариќи зайл муайян мекунад: А=90%-100%, В=80%-89%, С=70%-

79%, D=65%-69%, Е(F)=64% ва пасттар.Дар Япония аз рўи низоми 100- балла

бањогузорї карда мешавад ва њангоми бањогузорї омилњои миќдорї ва сифа-тии дониши хонанда љиддї ба эътибор гирифта мешаванд. Љумњурии Украина акнун ба низоми 12- балла гузашта бо-

шад њам, аз тарафи омўзгорон ќобили ќабул нагардидааст. Бањсњои зиёд атрофи меъёрњои муайянкунандаи чу-нин шакли бањогузорї мављуданд. Дар Љумњурии Белорус низоми 10- баллаи бањогузорї љорист. Махсусияти низо-ми бањогузории белорусї дар он аст, ки пасттарин бал, яъне 1 низ њамчун нишон-дод ќабул шудааст ва он барои аз синф ба синф гузаштани хонанда имкон медињад. Бањогузории маъмулї дар Россия аз соли 1944 то имрўз амал мекунад. Воќеан ин низом чорбалла буда, балли 1 умуман истифода намешавад. Ба таври озмоишї дар баъзе муассисањои таълимии Россия низоми бањогузории 10 ва 12- балла љорї карда шуда, алњол самараи хуб надода-аст. Яке аз бартарияти ислоњоти имрўзаи соњаи маориф таъмини солимии кўдакон, бартараф кардани душворињои љисмонї ва таъсирњои эмотсионалию психологї мебошад. Яке аз масъалањои њалталаби соња

дуруст муайян нашудани нишондодњои бањодињии хонандагон дар асоси дониш, малака ва мањорат аз рўи низоми 5- бал-ла мебошад. Раванди бањогузорї ва на-зорати донишазхудкунии хонандагон яке аз масъалањои љараёни тањсилот ба њисоб меравад. Њама шакли бањодињї ба њолати эмотсионалию психологї ва со-лимию инкишофи физиологии онњо таъ-сир мерасонад. Њадафи асосии гузаштан ба низоми бањогузории низоми 10 -балла чунин аст:

-мусоидат кардан ба саломатї, кам кардани дараљаи изтиробнокии хонанда-гон;

-таъмини фазои озод, боваринок, бањои воќеї додан ба мењнати хонанда, хонан-даро аз мавќеи объекти љараёни таълим ба мавќеи субъекти гирандаи маълумот расонидан;

-ташаккул додани маромњои мусбии таълимї;

-амалї намудани муносибати њамгиро дар бањодињї бо назардошти дониш, ма-лака, мањорат ва хусусиятњои инфиродии онњо;

-ташаккули таљрибањои аввалини хо-нандагон оид ба худшиносї, худназоратї, худислоњкунї, худбањодињї дар доираи дастовард ва донишњои хонанда.Бањогузории низоми 10- балла хонан-

даро ба он водор менамояд, ки њарчи бештар донишњои заруриро азхуд на-мояд ва аз як зина ба зинаи дигар гуза-рад. Агар хонанда 5 бал гирифта бошад, натиљаи фаъолияташро бояд тањлил карда тавонад, ки барои чї дигарон аз ў балли баландтар (6, 7, 8… бал) гириф-

таанд. Ин равандро дар равоншиносї рефлексия меноманд. Таъсири рефлек-сия дар бањогузории низоми 10- бал-ла нисбат ба низоми 5- балла зиёд аст. Яъне бањогузории низоми 10 -балла ба хонанда имконияти васеи инкишофро медињад ва ў метавонад, ки ќобилияти доштаашро дар гирифтани донишњои муайян пурра амалї созад. Омили мус-бии дигари ин низом дар он аст, ки он дар хонандагон мустаќилиятро бештар ташаккул медињад ва хонанда имкония-ти бештари аз як зина ба зинаи дигар гузаштанро дорад. Барои расидан ба њадаф хонандаро зарур аст, ки мунтазам ва љиддан зањмат кашида донишњои за-руриро аз худ намояд. Ин низом мавќеи омўзгорро низ таѓйир дода, нисбат ба сифатњои касбї ва мундариљаи фаъолия-ти педагогии ў талаботњои навро мегузо-рад. Муаллим на танњо имконоти васеи бањодињиро пайдо мекунад, балки масъ-улияташ дучанд мешавад. Педагогикаи муосир собит менамояд, ки то он даме маромњои мусбиро дар таълими хонан-да ташаккул надињанд, омўзонидани ў бенатиља аст. Ин амал чунин фањмишро ба миён меорад: яъне низоми маромњо ё њавасмандкунї барангезандаи рафтор ва фаъолияти мусбии инсон буда, он ба та-шаккули шахсият мусоидат мекунад.Таснифоти бањогузории низоми 10-

балла чунин аст: 10 бал- дараљаи олї: дар њолате гу-

зошта мешавад, ки дониш, мањорат, ма-лакаи хонанда сифатан фарќ мекунад. Хонанда имконияти муносибати эљодї, мустаќилона ба њама гуна хулосањо бањогузорї кардан ва назари тоза дар раванди таълим дорад;

9 бал-аъло: дар њолате гузошта меша-вад, ки дониш, мањорат, малакаи хонан-

да сифатан хуб аст, ба баъзе камбудињои ноаён роњ медињад;

8 бал-бисёр хуб: хонандагон дар дараљаи миёна барномаро азхуд кар-даанд, дар онњо малака ва мањорати донишандўзї дар доираи барномаи таълимї ташаккул ёфтааст;

7 бал-хуб: хонандагон донишњои зару-риро дар доираи барномаи таълимї аз-худ намуда, аввалин кўшишњоро барои мустаќилона аз бар кардани донишњо пайдо мекунанд.

6 бал – ќариб хуб: дониши умумии хо-нандагон дар доираи барномаи давлатї ќариб 80 дарсадро ташкил медињад ва дар њалли масъалањои таълимї пурра мустаќил нестанд;

5 бал-ќаноатбахш: дониш, малака ва мањорати умумии хонанадагон дар до-ираи барномаи давлатї 60%-ро ташкил медињад. Ќобилияташон миёна буда, берун аз маълумотњои китобњои дарсї маълумоти иловагї надоранд;

4 бал-камтар аз ќаноатбахш: дониши хонанда рўякї буда, метавонад дониш, мањорат ва малакаи таълимии худро дар доираи барномаи давлатї истифода ба-рад. Чунин хонандагон њамагї 50 дар-сади барномаи давлатиро аз худ намуда, дар таълимашон пешравї дида намеша-вад ва хоњиши хондан надоранд.

3, 2, 1-бад, бисёр бад, бисёри бисёр бад: хонанда нишондоди нокифоя до-шта, дониш, мањорат ва малакаи таъли-мии ў ба инкишофи синнусолї ва психо-логии ў мувофиќат намекунад. Назари мустаќили худро нисбат ба љомеа надо-шта, дар њалли масъалањо душворї ме-кашанд ва мустаќилона ягон масъаларо њал карда наметавонанд. Низоми бањогузории рейтингї:Рейтинг аз калимаи англисии «rating»

гирифта шуда, маънояш ќайд, тавсифи миќдорї ва сифатии мафњумњост.

«Рейтинг-яке аз методњои бањодињї ё ченаки психологиест, ки ба муњокимаи воќеии мафњумњо асос ёфтааст» (Б.Г.Ананев).Низоми рейтингї доираи ќоидањо,

нишондињандањои методие, ки ба њисобњои математикї мувофиќ буда, дар доираи барномаи муайян коркарди сифатї ва миќдори нишондодњои инфи-родии фаъолияти таълимии имконияти аз худ кардани ченаки муайяни барно-маи таълимидоштаро таъмин менамояд. Маќсади таълими рейтингї аз он иборат аст, ки маромњои мусбиро нисбат ба ги-рифтани таълим ва донишњои зарурї та-шаккул медињад. Гузаштан ба низоми бањогузории

рейтингї дар соњаи маорифи Љумњурии Тољикистон мувофиќи маќсад буда, дар шароити амалишавии низоми тестї чу-нин шакли назорат ногузир аст. Хуллас, тањаввулоту таѓйироте, ки дар низоми маорифи кишвар вобаста ба талаботи љомеаи муосир амалї шуда истодаст, ба сифат ва мазмуни мундариљаи тањсилот таъсири мусбї мерасонад.

Л. НАЗИРОВА, ректори ДЉТИБКСМ

Низоми нави бањо манфиатовар аст

Аксар ваќт чунин суњбатњо ба бањс табдил меёбанд ва њар кас мувофиќи фањмишаш изњори анде-ша менамояд. Табиист, ки андешањо мухталифанд. Гурўње бар онанд, ки истифодаи вожаи «луѓат» сањењ аст. Иддае истифодаи калимаи «фарњанг» - ро муносиб медонанд. Дастаи севвумї вожаи «ќомус» ва чањорумї «донишнома» - ро ба маќсад мувофиќ мењисобанд. Ин гуногуннавъии аќидањо аз он сар задааст, ки фарњангњо дар њамин

номњо ба табъ расида, пешкаши хо-нандагон гаштаанд. Њоло бубинем, ки калима –

вожањои «луѓат, фарњанг, ќомус ва донишнома» - ро фарњангњо чї гуна тафсир кардаанд. Дар «Туњфат – ул – ањбоб» - и Њофизи Убањї вожаи «фарњанг» чунин тафсир шудааст: «фарњанг – аќл ва дониш ва њар кї нектар донад дар илм ва чизњо, ки мардум бад-он фахр кунанд».Муаллифи «Бурњони ќотеъ»

Муњаммад Њусайн вожаи «Фарњанг» - ро чунин шарњ до-дааст: «Фарњанг – бо кофи форсї, бар вазну маънии «фарњанљ» аст, ки илму дониш ва адабу бузургї ва санљидагї ва китоби луѓати форсї ва номи модари Кайковус

бошад…».Дар «Ѓиёс – ул – луѓот», ки

ба ќалами Муњаммад Ѓиёсиддин мансуб аст, вожањои «луѓат», «фарњанг» ва «ќомус» чунин шарњ дода шудаанд: «Луѓат – забони ќавмиро гўянд. Њар забоне, ки бо-шад; ба истилоњ алфозе, ки мао-нии он шуњрат надорад».Доктор Муњаммад Муин

дар «Фарњанги форсї» - и хеш вожањои луѓат, ќомус ва фарњанг» - ро бад ин шакл таф-сир кардааст: «луѓат - …4 кито-бе, ки дар он маънии калимо-ти як забон шарњ шуда; ќомус, фарњанг…» (ќ.3. сањ. 3602); «Луѓатнома – китобе, ки шоми-ли луѓати як забон аст, китоби луѓат, фарњанг, ќомус».

В.Шарифов дар «Луѓати тафсирии калимањои русї – интернатсионалї» (1984) вожаи «энсиклопедия» - ро чунин шарњ додааст. «Энсиклопедия» - наш-ри илмии маљмўи маълумот оид ба њамаи соњањо ё ягон соњаи до-ниши инсон, ки бо тартиби му-айян (аз рўйи алифбо ё мавзўъ) таълиф шудааст. Мас. Луѓати энсиклопедї; ќомус. Чунон ки мебинем, шарњи ба калимањои «Фарњанг», луѓат, ќомус, до-иратулмаориф» додаи њамаи луѓатнигорон ќариб ба њам мо-нанданд. Ва аксари мураттибон

луѓатномањои тартибдодаашон-ро чунин номгузорї кардаанд: «Фарњанги форсии имрўз» (1375),

«Фарњанги русї ба форсї» (1965), «Фарњанги форсї ба русї» (1985), «Фарњанги русї ба форсї» (1985), «Фарњанги русї ба форсї» (1986), «Фарњанги тољикї ба русї» (2006), «Фарњанги тафсирии забо-ни тољикї», (2010), «Фарњанги по-литехникии русї ба форсї» (1983), «Ќомуси аскарї ва техникии русї ба дарї» (1981), «Луѓати русї – тољикї» (1985), «Ќомуси дарї ба русї» (1978). Аз шарњу маънидоди чанде аз

луѓатномањо, ки ба калимањои «луѓат, фарњанг, ќомус ва фарњанг» бастаанд, равшан мегардад, ки: вожаи «фарњанг» муносибтар аст, яъне, луѓатномањо «фарњанги…» номгузорї шаванд, бењтар аст. Ма-салан, «Фарњанги забони тољикї», «Фарњанги русї ба форсї».

Д.НУРИДДИНОВА, омўзгори мактаби №16 – и ш. Душанбе

Луѓат, фарњанг ё ќомус?

№ 47, 22 ноябри соли 2013 11ОМЎЗГОР ШАРАФ

Соли тањсили 1944-1945 дар дењот 170 мактаби коргарљавонон ташкил ёфт, ки дар онњо 4,6 њазор хонанда тањсил мекарданд.

БА ИСТИЌБОЛИ 80-СОЛАГИИ ПАЖЎЊИШГОЊИ РУШДИ МАОРИФ

ИФТИХОР

Ин муассисаи илмию тањќиќотї аз ќадамњои аввали фаъолия-ти худ вазифањои зеринро бар дўш дошт: тањияи барномањои таълим, китобњои дарсї, дастурњои методї, ташвиќу тарѓиби таљрибаи педагогии бењтарин омўзгорон, тањияи усулњои гуногуни дарс ва ѓайра. Кормандони илмї барномањои фаннї тањия намудаанд, дар таълифи китобњои дарсї сањм гирифтаанд, худ китобњои дарсї навиштаанд, њар гуна дастурњои методї омода сохта-анд, бењтарин шевањои тадриси мавзўъњои гуногунро пешнињод кардаанд, масъалањои умдаи таъ-лиму тарбияро мавриди баррасї ќарор додаанд. Пажўњишгоњ фа-ъолияти илмии хешро бар асо-си талабот, дархост ва ниёзњои мактаб ба роњ мондааст. Агар сањифањои таърихи њаштодсолаи пажўњишгоњро вараќ занем, ме-бинем, ки он њамеша њамроњ, њамнафас ва њамрози омўзгорон буда, барои мактаб ва инкишофи таълиму тарбия хидмати бенази-ре анљом додааст. Дар ин љо олимон, педагогњо, методистон ва мактабшиносони машњур кор ё њамкорї кардаанд. Доктори илмњои фалсафа А.Бањоваддинов, докторњои илми филология Ш.Њусейнзода, Х.Мирзозода, Д.Тољиев, Б.Ниёзмуњаммадов, М.Исматуллоев, доктори илмњои таърих И.Обидов, М.Орифї аз љумлаи онњо мебошанд. Бисёр олимони методист, аз љумла, Њ.Асадов, А. Каримов, А.Абдувалиев, Ѓ.Мирзоев ва ди-гарон тамоми умр дар ин даргоњ зањмат кашида, љињати бењбудии сифати таълим ва тарбия сањми муносиб гузоштаанд. Масалан, Њ.Асадов то охири умраш муди-ри бахши таълими фанњои физи-ка ва математика буда, дар тањия ва нашри барномањо, дастурњои методї ва китобњои дарсии мар-бут ба ин фанњои даќиќ наќши муњим бозидааст. Ё худ, олим, методисти маъруф А.Каримов то охири њаёташ ба яке аз ка-лонтарин бахшњои Пажўњишгоњ

«Бахши забон ва адабиёти

тољик» сарварї мекард. Олимон – методистон Ѓ.Мирзоев, А. Аб-дувалиев ва бисёр дигарон, ки њамроњи онњо фаъолият доштанд, бо васоити таълим ва дастуру рисолањои сершумори илмию ме-тодии худ ба омўзгорон мадад расондаанд. Пажўњишгоњи рушди маориф

макони тарбияи ихлосмандо-ни илми педагогика мебошад. Миќдори зиёди олимону дониш-мандони соња, ки имрўз илми педагогикаи тољикро бидуни онњо тасаввур кардан нашояд – М.Лутфуллоев, Ф.Шарифзода, У.Зубайдов, Ќ.Ќодиров, Б.Ќодиров, Х.Рањимзода ва бисёр дигарон мањз дар оѓўши пажуњишгоњ ба унвонњои балан-ди илмї ноил шудаанд. Акаде-мияи тањсилоти Тољикистон, ки 10-солагиаш љашн гирифта шуд, дар заминаи пажўњишгоњ созмон ёфтааст.Ду њодисаи бузурги таърихї, яке-

бозсозї, дигаре - истиќлоли миллї дар фаъолияти илмию педагогї ва эљодии пажўњишгоњ дигаргунии куллї ворид сохт. Дар давраи бозсозї олимон - педагогњо им-кон ёфтанд, ки бо шавќу раѓбати беандоза ба омўзиш ва тањќиќи муњимтарин масъалањои инки-шофи мактаб пардозанд. Дар натиља аз пажўњишгоњ бо номи «Бозсозї дар мактаб» як силсила маќолањои илмї ба табъ раси-данд, ки дар онњо баъзе лањзањои нозуки раванди таълим ва тар-бия – симои маънавии омўзгор, фарњанги муносибати устод бо шогирд, арзёбии дониш ва ахлоќи иљтимоии талаба, усулњои муасси-ри таълим, фарњанги роњбарї ба мактаб, омилњои рушди тафакку-ри хонанда мавриди баррасї ќарор гирифтанд. Бо нашри рисолаи илмии академик М.Лутфуллоев «Эњёи педагогикаи Аљам» самти љустуљуњои илмї комилан дигар шуда, тањќиќоти илмї бомаз-мунтар ва пурсамартар ва љанбаи илмї ќавитар гардид. Тањќиќоти академик

М.Лутфуллоев собит сохт, ки афкори педагогии адибон му-таффакирони форсу тољик басо рангорангу гуногунпањлў буда, аз онњо дар раванди таълим ва тарбия фаровон истифода бур-дан шарт ва зарур аст. Аз ин рў, кормандони илмии пажўњишгоњ њангоми тањлилу тадќиќи ма-соили илми педагогика бештар ба анъана ва арзишњои миллї рў оварда, онњоро дар мавриди њаллу фасли масъалањои тарбияи ахлоќию маънавї, ватанпарастї, башардўстї мањаки асосї ќарор

додаанд. Дар натиља бо саъю кўшиши олимон – педагогњои номдор М. Лутфуллоев, Ф.Шарифзода, И.Каримова, У.Зубайдов, Ќ.Ќодиров ва дига-рон як силсила асарњои бунёдї ба вуљуд омаданд, ки дар онњо пањлуњои мухталифи ме-роси педагогии ниёгон муфас-сал баррасї шудаанд ва онњо барои пурсамар ба роњ монда-ни тарбияи маънавии талабаго-

ни мактабњои тањсилоти умумї ва донишљўёни муассисањои тањсилоти олї имконоти баѓоят калон фароњам хоњанд овард.Возењ аст, ки олимону дониш-

мандони асрњои пешини форсу тољик дар риштаи илмњои даќиќ – риёзї, физика, нуљум, њандаса, љуѓрофия ва ѓайра кашфиёту бозёфтњои нодир дошта бошанд њам, бо сабабњои маълум тала-багони мактабњои мо аз онњо кам хабар доштанд ё умуман, огоњ набуданд. Дар барномањои таълим, китобњои дарсї ва да-стуру васоити тадрис аз онњо кам сухан мегуфтанд. Ба ту-файли Истиќлолияти миллї ва љидду љањди олимон – педагогњои пажўњишгоњ хонандагони сершу-мори донишманди хешро шинох-таанд ва аз бозёфту ихтироот ва дастовардњои илмии онон воќиф гардидаанд. Ин њама аз як тараф, љанбањои илмию миллии тадќиќоти методию педагогиро ќавитар сохта бошад, аз дигар тараф, дар тарбияи ахлоќию маънавї ва зе-бошиносии талабагон, ташаккули фарњангу маърифат, худогоњию хештаншиносї ва ифтихори мил-лии онњо наќши бориз гузошт.Дар робита бо ин чандин

маротиба барномањои таълимї ва китобњои дарсї таљдиди на-зар шуданд, дастуру рисолањои тозаи илмї нашр гардиданд, минљумла бо иќдоми вазири мао-

риф, муњтарам Н.Саидов стан-дарту барномањои фаннї аз нав тањия гардида, барои омўзгорони тамоми фанњо маводи ёрирасон бо номи «Роњнамои омўзгор» таълиф шуд. Њамчунин, низо-ми нав ва ягонаи кредитии таъ-лим дар муассисањои тањсилоти олии кишвар роњандозї ва ат-тестатсияю санљишњои тестї дар мактабњои тањсилоти миёнаи уму-мии љумњурї љорї гардид.

Тањќиќоти илмї дар пажўњишгоњи рушди маориф дар ду самти асосї сурат мегирад. Самти якум аз омўзиш ва

тањлили хусусиятњои таълими њамгиро ва тафриќа, мавќеи матн дар омўзиши забон, дав-рабандии фанњои даќиќ, масъа-лаи тарбияи шањрвандї, маъ-рифати оиладорї, консепсияи миллии тарбия, масъулияти па-дару модар дар тарбияи фар-занд, самтњои тарбияи маънавї, љисмонї ва ѓайра иборат мебо-шад. Дар ин самт академикњои Академияи тањсилоти Тољикистон М.Лутфуллоев, Ф.Шарифзода, У.Зубайдов, узви вобастаи АТТ М.Нуъмонов, С.Шербоев, С.Неъматов, С.Сулаймонї, С.Аминов, номзадњои илмњои педагогї Л.Иматова, С.Туронов, Ш.Љумъаев, Т.Миров, А.Абдуллоев, Л.Губанова ва ди-гарон сањм гирифтаанд. Самти дуюм: -мутобиќгардонии мазму-

ни тањсилот дар муассисањои томактабї ва мактаби ибтидої дар асоси дастовардњои муосири илмњои педагогї ва психологї;

-назария ва амалияи раванд-хои инноватсионї дар мазмуни тањсилот, технологияи таълими фанњо;

-ташаккули шахсияти хонанда-гон тавассути варзиш, мењнат ва санъат;

-асосњои назариявии стандартњои давлатии тањсилоти миёнаи умумї ва технологияи электронии таълими фанњои таби-ию риёзї дар шароити тањсилоти 12-сола;

-заминањои психологї ва пе-дагогии ташаккули шахсияти кўдак дар шароити ислоњоти низоми тањсилот дар заминаи дастовардњои муосири илми психология, рушди ибтикороти педагогї;

-ташаккули низоми кредитї, роњандозии таълими модулї дар муассисањои тањсилоти олии касбї ва баъдидипломї;

-бењдошти таълиму тарбияи кўдакони имконияташон мањдуд;

-рушди мактаб (синф) -њои кам-комплект дар шароити Љумњурии Тољикистон;

-тањияи стандарт ва санадњои меъёрию њуќуќии низоми нави таъ-лим (тањсилоти 12-сола) ва гузариш ба низоми таълимии мазкур;

-роњу усулњои тањияи барномањо ва лоињањо, барќарор намудани муносибатњои суд-манд бо созмонњои давлативу ѓайридавлатї ва муњаќќиќони хориљї;

-татбиќи Низомномаи тайёр кардани кадрњои илмї ва ил-миву педагогї дар Љумњурии Тољикистон

-ташаккул ва рушди равандњои инноватсионї дар системаи демо-кратикунони тахсилоти ибтидої ва миёнаи касбии Тољикистон;

-роњандозии низоми те-стии санљиш дар муассисањои тањсилоти миёнаи умумї;

-гузаштан ба низоми нави бањодињї ба дониши хонандагон

-роњњои љилавгирї аз нашъамандї, тамокукашию майнўшї, ќонуншиканї миёни наврасону љавонон ва ѓайраро фаро мегирад.Дар ин бобат кормандони

илмї зери роњбарии мудирони шуъбаву бахшњо Д. Мањкамов, А.Абдулазизов, Д.Имомназаров, С.Амонї, Султо-нов, И.Давлатшоев, Ш.Котибова, Кўчакшоев, А.Байзоев, Њ.Сатторова, М.Султонмамадова ва дигарон њисса мегузоранд.Кормандони илмии

пажўњишгоњ оид ба масъалањои зикршуда тањќиќоти илмї анљом медињанд, натиљаю хулосањои тањќиќотро дар муассисањои таълимї месанљанд, дар ра-ванди таълиму тарбия татбиќ менамоянд, мизњои мудаввар ва семинару конфронсњо доир мекунанд, пурсишњо гузаронида, дар њаллу фасли мушкилот ба омўзгорон ёрии методї мерасо-нанд, њангоми љамъбасти хуло-саю натиљањо фикру мулоњизањои онњоро ба эътибор мегиранд.

С.ТУРОНОВ, Ш.ЉУМЪАЕВ, ходимони илмии Пажўњишгоњи

рушди маориф

Њамрози омўзгорон

Ин муассисаи илмию тањќиќотї

то– дуњабритор

мнМм

Сањар ба сањни дабистон ворид гаштам. Гурўњ-гурўњ хонандагон бо якдигар суњбат доштанд. Њар рўз инро мушоњида мекар-дам, вале имрўз онњо рўњияи дигар до-штанд. Чашмонашон пуршарар ва дар ла-бонашон табассум. Худ ба худ андешидам, чї гап бошад? Ба долони мактаб ворид гаштаму дар љоям истодам. Рў ба рўям му-аллимро дидам. Пеш аз он ки салом дињам, аввал савол додам: «Барои чї омадед?» Он

кас бо табассуми ба худ хос гуфтанд: «Ба кор омадам». Ман аввал бовар накардам. Баъд фањмидам, ки он кас љиддї мегўянд. Хурсанд шудам. Њама њамкорон бо чењраи хандон бо муаллим вохўрї карданд. Њама хушнуду фарањманд буданд. Акнун аз сирри «чашмони пурмењру ла-

бони пуртабассуми хонандагон – бахти ба-ландтарин», огоњ гаштам...Гёте чунин гуфтааст: «Шахсонеро, ки

таълимамон медињанд, бо ифтихор муал-лим мегўем, вале на њамаи эшон сазовори ин номанд». Тоњир Ѓоибназаров устоди кори худ аст. Омўзгори навовару эљодкор, психолог, соњиби мањорати актёрї, до-нандаи хуби забони тољикист. Пешравии кори муаллим дар он аст, ки математика-

ро бо забони ноби тољикї ба шогирдон мефањмонад. Бо истифода аз усулњои гуногун,

њамчунин, шеъру чистон, латифањо гоњ љиддию гоњ бо шухї мавзўъро ба хонанда-гон тавзењ мебахшад. Наќши худро чунон моњирона мебозад, ки ягон шогирд бета-раф намемонад. Омўзгоре, ки илми психо-логияро хуб медонад, дар тарбияи шогир-дон душворї намекашад.Њаќ ба љониби Коменский аст: «Шах-

се, ки кам медонад, ба дигарон њам дуруст фањмонида наметавонад».Хонандагони њозира хеле донову зира-

канд. Њар муаллим бо онњо муваффаќона кор карда наметавонад. Зеро шогирдон серталабанд. Агар ба сволњояшон љавоб

нагиранд, аз устодашон дилмонда меша-ванд. Барои дар дили кўчаки шогирд љой гирифтан шабу рўз зањмат кишидан лозим, ростгўю поквиљдон, мењнатдўст, навовару эљодкор, сухандону забондон будан лозим. Тоњир Ѓоибназаров дар оилаи серфар-

занд ба дунё омадааст. Соли 1966 ба мак-таб – интернати №2-и мањаллаи Калинини шањри Душанбе ба синфи як рафта, макта-би мазкурро бо равияи риёзї хатм намуда, соњиби номаи камол гаштааст. Донишгоњи миллии Тољикистон (факултаи механи-ка- математика) - ро хатм намуда, соњиби пешаи муњандис – барномасоз гаштааст. Ў дар Академияи улуми Тољикистон чун корманди хурди илмї ба кор оѓоз намуд. Се сол кор кард, вале мењри зиёд нисбат ба касби омўзгорї ўро ба мактаб овард. Аз соли 1987 то соли 1994 дар мактаби миёнаи нопурраи №87-и ноњияи Рўдакї њамчун омўзгори риёзї кор кард.

Ўро њама дўст медоранд

(Давомаш дар сањ.14)

№ 47, 22 ноябри соли 201312 ОМЎЗГОР ДАРС

Аз 1942 онњое, ки мактаби миёнаро ба бањои «хуб» ва «аъло» хатм менамуданд, бе имтињон ба мактаби олї ќабул мешуданд.

Педагогњои љањон муваффаќияти Вики Колбертро бо кафкўбї пешвоз гирифтанд. омўзгори машњур соњиби чек дар њаљми ним мил-лоин доллари амрикої гардид. Вики Колберт, асосгузори ташкилоти ѓайридавлатии колум-биягии “Мактаби нав”, љоизадори озмуни Самми-ти байналмилалї дар риш-таи инноватсия ва маориф гаштааст. Љоизаи мазкур-ро Мукофоти нобелї дар соњаи маориф низ ном мебаранд. Зањматњои 40-сола Викиро дар мавриди баланд бардоштани сатњи маориф дар кишвараш соњиби чунин ќадрдонї гардонид. Мактаби типпи нави

Вики Колберт ба кўдакони оилањои камбизоат

муваффаќона мадад ме-расонад. Мактаби мазкур тарзи хоси фаъолият до-рад, яъне, дар синфхонањои он кўдакони синну соли гуногун дар якољоягї таъ-лим мегиранд: талабагон њамроњи устодашон гирди як миз мешинанд ва бо њам суњбат меороянд. Бояд гуфт, ки соли

1987 Вики вазири маори-фи Колумбия таъин гар-дида, методикаи “Макта-би нав”-ро асоси низоми миллии соњаи маорифи кишвар муайян намуда-аст.Мактаби мазкур доран-

даи 12 љоизаи байналмилалї буда, пайравони худро дар арсаи љањон пайдо карда-аст, яъне, имрўз 16 давлати љањон ба тарзи таълими ин мактаб таваљљуњ карда-анд.

Дар шањри Лакнауи Њиндустон мактаби ѓайриоддие фаъолият мебарад, ки 50 њазор толибилм дорад. Мак-таби мазкур яке аз бузургтарин мактабњои љањон ва яке аз пурнуфузтарин муассисаи таълимї дар Њиндустон ба шумор меравад. Магар аљиб нест, ки ин муассисањои таълимї 54 сол пеш бо 5 доллари ќарз бо таълими њамагї 5 шогирд фаъолияташро сар карда будааст. Имрўз бошад, мактаб ѓайр аз тадриси донишњои

академикї барномањои васеъро доир ба сулњу амният дар амал татбиќ мекунад.

“Мактаби нав”-и Вики Колбертро бо ним миллион доллар ќадр карданд

Њиндустон: омўзиш + сулњхоњї

Дарси № 7Таъсири байнињамдигарии

молекулањоАгар њамаи љисмњо аз заррачањои

хурд таркиб ёфта бошанд, пас чаро моеъњо ва љисмњои сахт ба молекулањо ва атомњои алоњида таќсим наме-шаванд? Чї маљбур месозад, ки ин заррачањо якљоя бошанд. Сабаб он аст, ки дар бай-

ни молекулањо ќувваи љозибаи байнињамдигарї мављуд мебошад. Њар як молекула молекулањои дар атрофи худ бударо љазб менамояд (мекашад) ва дар навбати худ аз та-рафи ин молекулањо ба онњо љазб (кашида) мешавад. Њангоми кандани ришта, шикаста-

ни чўбча ё даронидани пораи коѓаз мо ќувваи љозибаи байни молекулањои ин љисмњоро бартараф менамоем. Бинобар он, дар байни молекулањо (атомњо) љозибаи байнињамдигарї вуљуд дорад, ки он дар масофањои ба андозањои молекулањо (атомњо) муќоисашаванда зоњир мегарданд.Сабаби мављуд будани масофа

дар байни молекулањоро шарњ до-дан лозим меояд. Агар молекулањои љисм ба њамдигар љазб (кашида) ша-ванд, пас онњо бояд якљоя шаванд (ба њамдигар часпанд). Ин њолат ба вуљуд намеояд, чунки дар бай-ни молекулањо (атомњо) њамзамон ќувваи теладињанда низ њаст.Дар масофањои ба андозањои

молекулањо (атомњо) муќоисашаванда ќувваи љозиба (кашиш) бараъло зоњир мегардад.Њодисањои зиёди мушоњидаша-

ванда мављудияти ќувваи теладињандаи байни молекулањоро тасдиќ менамо-янд.Масалан: љисми фишурдашуда

рост мешавад. Ин дар њолате ба вуљуд меояд, ки масофаи байни молекулањо аз андозаи онњо хурд шуда, ќувваи теладињандаи байни молекулањо хосиятњои худро зоњир менамоянд.Саволњо:1. Молекулањои љисм байни худ чї

гуна таъсири мутаќобила доранд?2. Дар кадом њолатњо ќувваи

кашиш (љозиба) ва дар кадом њолат ќувваи теладињандаи байни молекулањо афзалияти худро зоњир менамоянд?

3. Кадом њодисањои табиат аз њодисаи љозибаи молекулањои љисмњои сахт ва моеъ асос ёфтаанд?

4. № 70 (Л). Молекулањои љисми сахт дар њаракати бефосилаи мунта-зам мебошанд. Пас, чаро љисми сахт ба молекулањои алоњида људо наме-шавад?Љавоб: дар байни молекулањои

љисми сахт ќувваи кашиши байнињамдигарї афзалият дорад.

5. № 71 (Л). Чаро ќалами шикаста-ро мо наметавонем тавре пайваст на-моем, ки ќалами яклухт шавад?Љавоб: мо молекулањои порањои

ќалами шикастаро ба масофањое, ки дар он ќувваи љозибаи байни молекулањо афзалият пайдо менамо-янд, наздик оварда наметавонем.

6. № 72 (Л). Чаро баъд аз борида-ни борон чанги роњ ба боло намеба-рояд?Љавоб: заррачањои чангро об пе-

чонида, дар натиљаи таъсири ќувваи мутаќобилаи байнињамдигарї бо молекулањои об муњити яклухти гете-рогениро ба вуљуд меорад.

7. № 73 (Л). Чаро барои вараќгардонии вараќњои намнок нисбат ба вараќњои хушк зиёдтар зањмат кашидан зарур аст?Љавоб: молекулањои вараќњои

хушк аз њамдигар бо ќабати њаво људо карда шудаанд ва таъсири мутаќобилаи байни ин вараќњо ночиз мебошанд. Агар дар байни вараќњо об мављуд бошад, он гоњ молекулањои коѓаз ва об ба њамдигар љазб мешаванд. Њамин тариќ ќувваи љозибаи байни вараќњои намнок нис-бат ба вараќњои хушк зиёд аст.

8.№ 74 (Л). Чаро дар тахтаи синфї бо пораи бўр менависанд, бо пораи мармари сафед не? Оид ба таъсири мутаќобилаи молекулањои ин љисмњо чї гуфтан мумкин аст?Љавоб: ќувваи љозибаи байни

молекулањои бўр нисбат ба ќувваи љозибаи байни молекулањои мармари сафед хеле хурд мебошад. Ваќте ки мо бо бўр дар тахтаи синф менависем, дар асоси афзалияти љозибаи молекулањои бўр ва тахтаи синфї ќабати заррањои бўр дар тахтаи синф мемонад.

Дарси № 8Њолати агрегатии модда

Моддањо дар табиат дар се њолати агрегатї вомехўранд: газ, моеъ ва сахт.Масалан: об дар њолати сахт (ях),

моеъ (об) ва газ (буѓи об) вуљуд дошта метавонад. Дар асбоби ба њамагон маълуми њароратсанљ (термометр) симоб дар њолати моеъ мебошад. Дар болои симоби термометр буѓњои симоб мебошад ва дар њарорати -39 0 С симоб ба љисми сахт мубаддал мегардад.Љисми сахт шакл ва њаљми худро

дорост.Фарќи моеъњо аз љисмњои сахт дар он мебошад, ки моеъњо шак-ли худро бо осонї таѓйир медињанд. Онњо шакли зарферо мегиранд, ки дар он љойгир мебошанд. Масалан: шире, ки ба истакон рехта шудааст, шакли истакон ва шире, ки ба колба рехта шудааст, шакли колбаро меги-

рад.Моеъњо шакли худро бо осонї

таѓйир дода, њаљми худро нигоњ ме-доранд.Њавое, ки мо аз он нафас мегирем,

моддаи газмонанд ё худ газ мебошад. Азбаски аксарияти газњо шаффоф ва беранг мебошанд, онњо ноаёнанд.Дар назди тирезаи кушодаи поезди

њаракаткунанда истода, мављудияти њаворо њис кардан мумкин аст. Мављуд будани њаворо дар муњити атроф њангоми кушода мондани дару тирезањои њуљра ва дигар таљрибањои оддї, њис намудан мумкин аст.Газњо шакл ва њаљми доимї надо-

ранд. Онњо шакли зарфро гирифта тамоми њаљми онро ишѓол менамо-янд.Саволњо, супоришњо, машќњо:1. Кадом се њолати моддањо ба

шумо маълум аст?2. Хосиятњои љисмњои сахтро ном-

бар намоед?3. Хосиятњои моеъњоро номбар

намоед?4. Газњо чї гуна хосиятњоро доро

мебошанд?5. № 84 (Л). Оё 50%-и њаљми зарфи

дањонаш кушодаро бо газ тпур кар-дан мумкин аст?

6. № 85 (Л). Зарфи шишагини дањонаш мањкам то нисфаш бо симоб пур карда шудааст. Оё гуфтан мум-кин аст, ки дар ќисми болоии зарф симоб вуљуд надорад?Љавоб: мумкин аст, агар ќисми бо-

лоии зарфро бо газе, ки аз њаво вазнин-тар бошад, пур намоем. Дар ин мав-рид газ њаворо танг карда мебарорад, лекин аз сабаби љой доштани њодисаи диффузия ин њолатро зиёд нигоњ до-штан имконнопазир мебошад.

7. № 86 (Л). Оё њаво ва азот дар њолати моеъ вуљуд дошта метаво-нанд?

8. № 87 (Л). Оё симоб, оњан ва сурб дар њолати газї вуљуд дошта метаво-нанд?

9. № 89 (Л). Шомгоњи фасли то-бистон дар болои ботлоќ туман ба вуљуд меояд. Ин њодиса ба кадом њолати об мансуб мебошад?

10. № 90 (Л). Рўзона дар фасли сар-мои зимистон дар болои сатњи оби дарё туман ба вуљу меояд. Ин њодиса ба кадом њолати об мансуб аст?

11. № 91 (Л). Саг аз рўи бўй изи нонамоёни навгузоштаи заргўшро пайгирї менамояд, вале бо гузашта-ни ваќт дигар бўйро њис наменамояд. Ин њодисаро шарњ дињед?

Ш.БОБОЕВ, омўзгори литсейи №1-и шањри

Душанбе,М.МАДАТОВА,

директори литсей-интернати Президентї барои кўдакони

лаёќатманди Љумњурии Тољикистон,Ё.ШАРИФОВ,

омўзгори физикаи мактаби №1-и шањри Душанбе

ФИЗИКАИ СИНФИ 7

ЗИКРИ ХАЙР

Муќаддима: Физика дар мафњумњоимодда, майдон, фазо ва ваќт(Охираш. Аввалаш дар шуморањои

гузашта)

Дар мактаби ягонаи шимолу шарќии Ар-гентина, ки минтаќаи кўњистонист, ду педагог 20 сол инљониб ба кўдакон дарс медињанд. Ин сарсу-пурдагони маориф зану шавњаранд. Шароити кўњистони ин ќисмати Аргентина ба дараљае вазнин аст, ки рафтуо-мад дар фасли зимистон ѓайриимкон мешавад. Чун мактаби мазкур аз нуќтаи ањолинишин 10 км дуртар љойгир аст, 21 хонандаи аз синни 5 то 15 бевоси-та дар таълимгоњашон то

хатми он чун дар хонаи хеш зиндагї мекунанд. Њамсарон бошанд, бароя-шон рўзона муаллиманду бегоњ љойи падару мо-дарро мегиранд. Хушбах-тона, соли 2009 бо ёрии ташкилоти ѓайридавлатие мактаб ба шабакаи умумиљањонии интернет пайваст. Акнун кўдакон танњо нестанд. Онњо ба воситаи интернет мета-вонанд бо њамсолони хеш дар тамос бошанд.

Тањияи С. НАЗАРОВА,“Омўзгор”

Чархбол ва интернет –воситаи тадрис

Дар толори фарњанги ба номи Шарифљон Њусейнзодаи ДМТ мањфили адабї бахшида ба 60-солагии нависандаи бузурги тољик, шодравон Сайф Рањимзоди Афардї баргузор гардид.Њамоишро профессор Умар Сафаров њусни

ифтитоњ бахшида, дар мавзўи «Сайф Рањимзоди Афардї ва насри имрўз» баромади пурмазмун кард.Сипас, адибони маъруф Абдулњамид Самад,

Бароталї Абдурањмон ва файласуф Акбари Турсон дар хусуси сабку шеваи вижаи эљодї ва љанбањои фалсафию миллии осори боѓановати Сайф Рањимзод андешањои худро баён намуданд.Аспирант Нўшин Самадї дар мавзўи «Масои-

ли њиљрат дар осори Сайф Рањимзоди Афардї» ва

донишпажўњи љавон Лайлї Маќсудова «Нигоње ба дарунмояњои осори Сайф Рањимзод» баромад кар-да, навиштањои носири маъруфро падидае дар насри тољик унвонгузорї ва аз ў њамчун адиби навпардози файласуф ёд карданд.Дар хатми мањфил рўнамои китоби муњаќќиќ ва

адиб Умар Сафар – «Тавбањои дардолуд» баргузор гардид. Бояд хотирнишон кард, ки дар китоби мазкур маќолаву матолиби дар солњои охир таълифёфтаи олим перомуни њикоёту ќиссањои Сайф Рањимзоди Афардї гирд оварда шудаанд.

Шодї РАЉАБЗОД,«Омўзгор»

Ёде аз Сайф Рањимзод

Барои фаъолияти мактабњои давлатии Лубнон маблаѓи кофї намерасад. Дар синфхонањои номуљањњаз тифлако-не тањсил мекунанд, ки њама аз оилањои нодоранд. Онњо асосан мактабро то гирифтани номаи камолот тарк ме-кунанд. Евронюс дар ин бора дар сањифаи интернетиаш матлаб пахш кардааст. Ин ожонсии иттилоотї бо ис-тинод ба маълумоти расмї таъкид медорад, ки 49 дарсади талабагони макотиби давлатї, њатто, то синфи 9 дарс намехонанд. Юссер Шедиак, яке аз муаллимони фанни биологияи

мактаби Бейрут, гуфтааст, ки музди мењнати муаллимо-ни мактабњои давлатии ин кишвар хеле паст аст.

Мактаби Лубнон: бозсозї, гурезагон,фирори неруњои зењнї

№ 47, 22 ноябри соли 2013 13ОМЎЗГОР СИМО

Аз 22 июли соли 1941 то 25 октябри соли 1942 ќариб 5 њазор муаллим ба сафњои Артиши Шўравї даъват шуданд.

Устоди писандидаМуаллима бо чењраи шу-

куфтаю табъи болида вориди дарсгоњ шуд ва хонандагон бо камоли эњтиром ба истиќболи ў, яъне, муаллимаи азизи хеш, муаллимае, ки бенињоят дўсташ медоранд, аз љой бархестанд.

- Салом! – садои саршор аз мењру муњаббати муаллима дар фазои синф танинандоз гашт. Пас аз шунидани посух ба салом муаллима бо нигоњи гарм ањли синфро як-як аз назар гузаронд ва бидуни таваќќуф оѓози сухан намуд:

- Фарзандони азизам, ман ба шумо борњо гуфтам ва боз њам мегўям, ки њар лањзаи умри љавонии хешро ѓанимат до-нед, бештар хонед, омўзед ва ба корњои судманд машѓул шавед. Гўш ба њикмати бузургон дињед. Бубинед, яке аз эшон ба мову шумо чї њикмати волое гуфта:Одамият чист? Худро дур аз

шарр доштан,Хайрхоњи халќ будан, нафъи

безарр доштан…Муаллима сухан мегуфту хо-

нандагонаш гўё саропо гўшу њуш шуда, ўро мешунавиданд. Басо нарму љаззобу ширин ва бо њаракатњои љолиб сухан мегуфт муаллима. Њар њарфу њиљояш, њар ифодаи ќиёфааш, њар ишо-рааш таваљљўњбарангез буд.Дар нињояти сухани

муќаддимавиаш муаллима суол ба ањли синф кард: - Ак-нун, азизаконам, ман мехоњам бидонам, ки имрўз кї ба дарс омода аст?Ањли синф гўё машќ карда

бошанд, њама баробар даст боло карданд. Чењраи муалли-ма бештар шукуфо гашт, гирди лабонаш табассум гул кард…Ин руљўе буд ба њодисае, ба

беш аз бист сол ќабл аз ин, ба як пора дарси собиќ омўзгор ва сарвари мактаби раќами 39-и шањри Душанбе (њоло гимна-зияи раќами 1) Бону Усмонова. Вале ин љо аслан сухан дар бо-раи ин омўзгори варзида нест, сухан дар бораи омўзгори номвар, љонишини директори гимназияи хусусии ба номи Берунии ноњияи Рўдакї Ноз Одинаева аст. Пас, чї иртибо-те сарсухани мазкур бо ин му-аллима дорад?Риштаи пайванд ин аст, ки

Ноз Одинаева аз шогирдо-ни садоќатманди омўзгори собиќадор Бону Усмонова ме-бошад. Ў дар ин боб худ чунин мегўяд: - Ман дар паси пар-таи мактабї мафтуни сухан, њунар ва хулќи накўи устоди арљмандам Бону Усмонова шуда будам.

Дарсњои муаллима, тар-зи либоспўшиашон ва њатто, њаракатњояшон бароям маќбул буданд. Одоби муоширати му-аллима, ѓамхорињои модарона-ашон ва андарзњои муассира-шонро ба љон меписандидам. Ва ин њолат ноаён дар дили ман нисбат ба пешаи омўзгорї иштиёќу муњаббате пайдо кард. Њар гоњ бо њавас меандешидам; оё ман њам омўзгор шуда мета-вониста бошам? Ва агар ба ин орзуям бирасам, бояд њатман омўзгоре шавам чун устоди бу-зургвори хеш Бону Усмонова, вагарна пешаи дигаре мебоя-дам…

Аз паи орзуњоНоз фарзанди ягонаи оила

буд ва њама нозбардораш бу-данд. Падару модараш, афро-ди соњибхираду бофазилат, ба тарбияи ў таваљљуњи вижаву њамешагї доштанд ва таманно-яшон он буд, ки фарзанди азиза-шон бомаърифату хушкирдор ба воя бирасад, соњибњунар бошад. Ва њамин тавр њам шуд. Ноз аз хурдї ба тањсил, ба омўзиши илму њунар иштиёќманд буд, њанўз дар кўдакистон мураб-биёнаш эњсос мекарданд, ки ў њушманду соњибќобилият аст…Рўзњо, солњо паи њам гузаш-

танд. Ноз аз паси орзуњо ва бо тањрики устоди писандидааш Бону Усмонова омўзишгоњи омўзгориро хатм кард ва аљобат он буд, ки дар кўдакистоне оѓози фаъолият (њамчун мураб-бия, методист) намуд, ки худ замоне дар оѓўши он тарбият мегирифт (кўдакистони раќами 66-и пойтахт).Ин љо хеле таљриба андўхт,

мањорату малака пайдо кард дар љодаи таълиму тарбия. «Њар корро аз нуќтаи аввал оѓоз бояд намуд, - мегўяд Ноз Одинаева. – Ман хурсанд будам, ки фаъо-лиятамро дар соњаи маориф аз кўдакистон ифтитоњ кардам. Ин барои идомаи корам ба ман вазъу заминаи мусоид фароњам овард». Ў аз андўхтањояш њанўз ќаноматманд набуд ва орзуи тањсилоти олї доштан дар дил мепарварид. Ин буд, ки дар радифи фаъолияти омўзгорї тањсил дар ДДОТ ба номи С.Айнї кард, факултаи педаго-гикаро бо дипломи аъло хатм намуд. Шодиву нишоташро интињо набуд, вале бо ин њама як гўшаи дилашро њасрате фаро гирифта буд: кош, волидонам дар ќайди њаёт мебуданду рўи даст дипломи аълои маро меди-данд ва гулосо мешукуфтанд…

Матлаби ман мактаб астБоз як аљобати дигар дар фа-

ъолияти Ноз Одинаева рух дод; пас аз чанд соли дар кўдакистоне, ки худ замоне парвариш меёфт, кор кардан, ў ба мактабе ба кор гузашт, ки замоне (солњои 1977-1988) дар канори он тањсил ме-кард. Воќеан њам, далели аљиб ва рамзомез!Дар мактаб кор кардан,

њамеша дар њалќаи шогир-дон будан матлаби дерини Н.Одинаева буд. Дар гимназияи №1 барои кўдакони болаёќати шањри Душанбе (собиќ мактаби №39) муаллима зуд мавќеъ ва обрў ёфт, соњибэњтиром гашт. Мањорати омўзгорї, рафтору кирдори њамида ва љидду љањди њамешагиаш ба ин мусоидат кар-данд. Барои Ноз Одинаева мояи ифтихор он буд, ки аз тариќи озмун ба ин махзани илму до-ниш ба кор пазируфта шуд. До-варони озмун ба сатњи дониш ва ба ќобилияту мањорати ў бањои баланд доданд ва њатто, таъкид карданд, ки ў номбардори гим-назияи тозатаъсис хоњад шуд. Доварони одил ѓалат накарда буданд, њамон тавр шуд, ки яќин карда буданд.

Вале дар ин борабаъдтар…

Барои Ноз Одинаева дарс дар барномаи омўзгориаш бо хати сурх сабт аст. Њамарўза илова бар он ки таљрибаи њамкоронро меомўзад, дар чорабинињои гуногун ширкат меварзад ва корњои майда-чуйдаи зиёдеро сомон мебах-шад, ба њадди аќал 3-4 соат паси мизи кораш нишаста, ба

дарсњои рўзи ояндааш омо-да мешавад; наќша менави-сад, вараќањо тањия мекунад, китобњои зиёдеро сафњагардон менамояд, методњои мувофиќ меандешад. Њамвора бар он мекўшад, ки њар рўз ба назди шогирдонаш, ки њамаашонро модарвор дўст медорад, бо кўлбори пурбори маънавї њозир шавад бо онњо, пеш аз њама, дарсњои рангину љозибу пурсамар баргузор намояд. Ў тамоми њастиашро ба шогир-донаш бахшидааст. «Маром-номаи зиндагии ман, давоми рўзгори ман, маънибахши њастии ман шогирдакони ази-зу дўстрўякам мебошанд», - мегўяд бо ифтихор Ноз Оди-наева.

Дар Ќасри миллатУстуворї, љустуљў ва азму

иродаи ќавиро њамеша комёбї подош аст. Бо Ноз Одинаева низ чунин рух дод. Ў шоњбайти «Дар љањон озод будан зин-дагист, Зарби худро озмудан зиндагист»-ро шиори фаъолият баргузида, њамбаста ба фаъо-лияти омўзгорї дар озмунњову чорабинињои дигари шањриву љумњуриявї ширкат варзи-да, бартарият ва истеъдоду ќобилияти хешро собит сохт. Аз љумла, ду маротиба дар бону-фузтарину љиддитарин сабќати омўзгорони варзидаи мамлакат – озмуни «Муаллими сол» шир-кат варзида (солњои 2005-2013), иштирокдори даври финалї шуд ва пирўзу соњибљоиза гар-дид. Ў, њамчунин, ба дарёфти нишони «Аълочии маорифи Тољикистон» мушарраф гардид. Дар бораи ин омўзгори шараф-

манд рўзномаю маљаллањои кишвар маќолањои пурсито-иш ба табъ расонданд. Воќеан, Ноз Одинаева дар эљоди маќолањои методию маърифатї низ соњибистеъдод аст. Як силсила навиштањояш тавас-сути рўзномаву маљаллањои љумњуриявї ба нашр расидаанд. Ў муаллифи дастури методии «Тест дар синфњои ибтидої» ме-бошад. Њамакнун дар тарадду-ди он аст, ки маљмўи маќолањои методию маърифатиашро дар шакли китоби алоњида ба табъ расонад. Инчунин, ният до-рад, ки китоби хотирањояшро вобаста ба лањзањои алоњидаи зиндагиаш, дар бораи дўстону њамкорон ва шогирдонаш, дар бораи фаъолияту таљрибаи омўзгориаш ба чоп омода на-мояд.

… Сентябри соли 2013. Ара-фаи Рўзи Истиќлолияти давла-ти Тољикистон. Ќасри миллат. Ин љо бењтарин фарзандони фидокори мамлакат гирд омада буданд. Президенти љумњурї, муњтарам Эмомалї Рањмон дар вазъи тантанавї ба ша-рафи солгарди Истиќлолияти давлатї ба як ќатор кормандо-ни варзида соњањои гуногуни њаёти мамлакат мукофотњои Ватанро супориданд.Ин маврид дар фазои то-

лори бошукўњи Ќасри миллат номи Ноз Одинаева низ садо дод. Сарвари кишвар, ваќте ки ба ин муаллимаи фаъол медали «Хизмати шоиста»-ро таќдим менамуданд, самимона ва бо эътимод гуфтанд: - Мо бовар дорем, ки шумо минбаъд низ бањри таълиму тарбияи насли наврас хизмати сазовор меку-нед. Тамоми њастии муаллимаро

њаяљон фаро гирифт. Бо зўри ирода худро ба даст гирифта, иброз дошт: - Барои Ватани азизам фидокорона хизмат ме-кунам.

…Он рўз Ноз Одинаева ин ќитъаи писандидаи хешро, ки як навъ ифодагари маромно-маи фаъолияти омўзгориаш аст, гаштаю баргашта зери лаб такрор мекард:Чї хушбахтам, ки ман

омўзгорам,Ба љон дар хизмати халќу

диёрам.Шавад шогирди ман фардои

миллат,Дар ин дунё дигар армон

надорам.Абдурауф МУРОДЇ,

«Омўзгор»

Чї хушбахтам, ки ман омўзгорам!ФАЪОЛИЯТ

ЁДВОРА

Мактаби миёнаи асосиро дар њамин дења хатм кард, пасон дар интернатњои Шањринав, Ѓусар ва Марѓедари Панљакент, ноњияи Файзобод тарбия

ёфтааст.Ў солњои 1962-1967 дар Донишгоњи

педагогии шањри Њуљанд тањсил намуда, сипас фаъолияти кориашро аз омўзгори мактаби раќами 4-и дењаи Навободи ноњияи собиќ Комсомолобод оѓоз кар-дааст. Соли 1966 Њалим Ёров дар њамин мактаб 9 моњ кор карда, соли 1967 дар Фестивали байналхалќї дар шањри Мо-сква иштирок намуд. Истеъдоди ўро дар шањри бузурги дунё бо кафкўбињо истиќбол намудаанд. Ў дар Майдони Сурх ва дар Намоишгоњи комёбињои хољагии халќи СССР њунарнамої на-муд. Њамин буд, ки бо медали тиллои

Фестивал ба Тољикистон баргашт ва дар Филармонияи давлатии Тољикистон фа-ъолият дошт. Соли 1970 ўро директори хонаи мада-

нияти ноњияи Айнї таъин намуданд. То соли 1972 дар њамин вазифа буд.Солњои 1977-1982 дар вазифаи мудири

ќисми илмии мактаби дењаи Зосун кор ме-кард. Баъдан соли 1982 то соли 2009 дирек-тори мактаби ба номи Наќибхон Туѓрал буд. Чандин даъват вакили маљлиси ноњиявї интихоб гардид. Њамчун раиси мањалла дар ободонии дења сањми ар-занда гузоштааст. Аз љумла, азнавсозии маќбара ва нимпайкара ва хона - музейи

шоир Наќибхон Туѓрал, овардани хати оби нўшокї, гузоштани панљарањо аз та-шаббуси бевоситаи ўст. Бино ёфтани мак-таби сеошёнаи замонавї, ки сохтмонаш дар он солњо хеле душвору сермашаќќат буд, мањз бо талошу љидду љањди ин љавонмарди асилу ќавииродаю боѓайрат асос ёфтааст. Ў тамоми умри кўтоњ, вале бобара-

кати худро сарфи кори хайру ободо-нию созандагї бахшида, дар дилу ди-даи мардуми водии Зарафшон ва дигар минтаќањои Тољикистон бо кору санъа-ти волою нотакрори овозхонии худ маъ-во гирифтааст, ки њамагон имрўзу фар-до бо некї ёдаш мекунанд.

Наќибхон Туѓрали МАНСУРИЁН, омўзгори мактаби №8, ноњияи Айнї

Ситорае дурахшиду…

Мактаби миёнаи асосиро дар њамин

ёф

песимнодамФскдаис

№ 47, 22 ноябри соли 201314 ОМЎЗГОР ЊАМБАСТАГЇ

Соли тањсили 1942-1943 дар мактабњои љумњурї 3 њазор нафар муаллим намерасид.

«Ањли маорифи љумњурї дар нўњ моњи соли равон бад кор накарданд»,- таъкид кард дар нишасти мат-буотии Вазорати мао-риф ва илми Љумњурии Ќирѓизистон вазири маориф К.Садиков ва ба саволњои сершумо-ри мухбирон љавоб дод.

Аз љумла, масъалањои зерин мавриди муњокима ќарор гирифтанд: На-хуст иљрои наќшањо ва

дурнамои соња. Маълум гардид, ки на њамаи наќшањо сари ваќт иљро мешаванд. Аз љумла, соњаи маориф ба давраи зимистон пурра омода нашудааст. Наќшаи бо маводи сўзишворї таъмин намудани мактабњо аз буља баробари 48,2 дарсад аст. Як ќисми таъминот аз љониби таълимгоњњо ва сарпарастон бояд анљом гирад. То 5 ноябр дар мактабњо баробари 84,6 фоизи талабот сўзишворї љамъ карда, аз теъдоди 1023 аловхона 616-тояшон аз тарафи давлат таъмир шуданд.Њоло дар љумњурї ба 30141 нафар хонандагони

синфњои поёнї ройгон хўроки гарм дода мешавад. Бояд гуфт, ки ба як хонанда ба ин маќсад аз буљаи њукуматњои мањаллї 14 сум дар як рўз људо мегардад. Дар Ќирѓизистон ислоњоти молиявии соњаи маориф

низ идома дорад. Яке аз ин лоињањо- наќшаи таъли-мии базисї ба сарфаи маблаѓи буља равона шудааст. Маблаѓе, ки аз ин роњ ба даст меояд, ба зиёд намудани маоши муаллимон сарф мешавад.Ќайд гардид, ки таъмини китобњои дарсї дар соли

тањсили равон 73 дарсадро ташкил додааст. Дар оѓози соли тањсили равон дар љумњурї 15 мактаби нав ба истифода дода шуд. Дар солњои наздик аз тарафи ташкилотњои байналхалќї, ташкилоти ќарзии Туркия барои сохтмони мактабњои нав 32 миллион доллар људо карда хоњад шуд. Дар љумњурї масъалаи мактабњои но-пурра низ мавриди њаллу фасл ќарор гирифтааст. То ба имрўз 34 адад чунин мактаби камнуфуз ба муассисањои томактабї табдил дода шуданд. Дар натиља боз 1675 нафар кўдак ба кўдакистонњо фаро гирифта шуданд.

Њафтаи гузашта дар коллељи наќлиёту роњњои Бишкек љамъомади роњбарони муассисањои тањсилоти касбии љумњурї доир гардид. Ба љаласа роњбарони муассисањои бонкї, ќарздињї, аз љумла лоињаи Бонки осиёи рушд њузур доштанд. Сардори идораи маълумоти касбї А.Жолдошов дар бораи роњњои аз байн бурда-

ни фасод дар коллељу техникумњо масъала ба миён гузошт. Ќайд гардид, ки аз соли оянда наќшаи ќабул ба ин муассисањо аз тарафи њукумат тасдиќ карда мешавад. Ин яке аз роњњои пешгирии таќаллубкорї дар коллељу техникумњо хоњад буд.

Тањияи Мањмадшарифи РУСТАМ, «Омўзгор»

Маорифи ШарќМаорифи ШарќМаркази тољикони Ќирѓизистон 20-сола шуд!Аз моњи сентябри соли 2008 чопи

нашрияи тољикии “Паёми Ала-тоо” роњандозї шуда буд, ки њоло низ фаъол аст. Рўзноманигори дараљаи байналмилалї Мирасрори Фарѓонї аввалин сардабири ин нашрия буд. Чун ў аз рўйи вазифа тарки Бишкек кард, Ќодиршоњи Мурувват, муовини раиси Созмони тољикони Ќирѓизистон ба номи устод Рўдакї, масъулияти тањия ва чопи “Паёми Ала-тоо” -ро ба уњда гирифт. Нашрия имрўз бо тиро-жи 4000 нусха чоп мешавад. Азбаски теъдоди муайяни донишљўёни тољик дар макотиби олии Ќирѓизистон, инчунин, хонандагони мактабњои тољикї тањсил мекунанд, кормандони ин нашрия ният доранд, ки бо чопи маќолањои баландѓоя эњсосоти ватан-дориву эњтироми забону фарњанги миллиро дар байни љавонон тарѓиб кунанд. Воќеан, чунонки эњсос ме-гардад, нашрияи “Паёми Ала-Тоо” тавонистааст то њадде ин вазифаи ху-дро анљом бидињад. Дар доираи як барномаи муштараки Вазорати мао-рифи Ќирѓизистон ва Бонки рушди Осиё Маркази тољикони Ќирѓизистон чопи китобњои тољикиро роњандозї кардааст. Ќодиршоњ вазъи макта-бу маорифи ќирѓизони Тољикистон ва тољикони Ќирѓизистонро ба њам муќоиса карда, ба хулосае омадааст, ки барои баланд бардоштани њисси худшиносии тољикони кишвараш зиёдтар талош варзидан бояд. Ў ме-нависад: «Дар Тољикистон 59 њазор ќирѓизтабор зиндагї мекунанд ва 67 мактаби ќирѓизї фаъолият дорад, ки аз ин теъдод 34 мактаб комилан ќирѓизї њастанд. Аммо дар Ќирѓизистон, ки беш аз 55 њазор тољик буду бош до-ранд, танњо 3 мактаб сирф тољикї буда, дар 6-тои дигар синфњои тољикї мављуданд.» Дастандаркорони марказ зимни ди-

дору гуфтугў бо њамтоёни ќирѓизи худ тавонистаанд, таваљљуњи масъулонро ба ин нукта љалб кунанд. Воќеан, дар баъзе минтаќањои тољикнишин, му-таассифона, бачањо ба забони ўзбакї тањсил мекунанд. Созмон додани синфњои тољикї дар макотиби чунин манотиќ зарур аст. Камбуди китоб њамеша эњсос

мешавад. Бар асоси созишномаи байнидавлатї, ки миёни Тољикистон ва Ќирѓизистон имзо шудааст, љониби Тољикистон ваъда кардааст, ки барои мактабњои тољикии Ќирѓизистон теъ-доди лозими китобро фароњам оварад. «Чун Маркази тољикони Ќирѓизистон созмони иљтимої ва ѓайридавлатист, барои анљоми чунин корњо дар их-тиёр буљае надорад. Барои дар сатњи зарурї нигоњ доштани мактабу мао-рифи тољикї, албатта, ёрии нињодњои давлатии Тољикистон лозим аст. Би-дуни мададу њамдастии Тољикистон мо наметавонем теъдоди мактабњои тољикиро афзоиш дињем»,- менависад. Ќ. Мурувватов.Ахиран барои тољикони

Ќирѓизистон аз чоп баромадани “Алифбо”-и тољикї дар пойтахти Љумњурии Ќирѓизистон воќеаи дил-хушкунанда буд. Китоби мазкур, биду-ни шак, туњфаи гаронбањои ноширони ќирѓиз барои тифлакони тољикзабони ин кишвар мебошад, ки дар нашриёти «Инсанат» ба нашр расидааст.

Иќдоми мазкур дар доираи барномаи мушта-раки Вазорати омўзиш ва илмњои Ќирѓизистон ва Бонки рушди Осиё амалї шудааст ва Њурматхон Ањмадалиева ва Љумъаназар Эшонќулов дар њаммуаллифї «Алифбо»-и тољикї ва дастури таълимї барои омўзгорони синфи яку-ми тољикиро омодаи чоп намуданд.Алифбо аз се ќисм иборат буда,

даврањои тоалифбої, алифбо, забони тољикї ва хонишро дар бар мегирад. Вижагии дигари ин маводи омўзишї дар он аст, ки толибилмони тољик бо Тољикистон ва пойтахти он - шањри Душанбе, устод Рўдакї ва устод Айнї, бо ќањрамони эпоси машњури мардуми ќирѓиз Манас, нависандаи оламшумул Чингиз Айтматов ошно мешаванд. Тањиягарони ин китоб ба-рои навшогирдони мактаб матолибе аз боби фаъолияти Созмони тољикони Ќирѓизистон ба номи устод Рўдакї, шеърњои шоирони тољики ин љумњурї Шарифљони Учќурѓонї ва Очил Аюб-зодаи Андаракиро пешкаш кардаанд. Истода Турсунова, Аълочии маори-

фи Тољикистон ва котиби масъули Со-змони тољикони Ќирѓизистон ба номи устод Рўдакї, масъулияти тањрир ва

тасњењи «Алифбо» ва дастури таъли-миро ба уњда доштааст. Њамчунин, Ис-тода Турсунова бори сангини зањмати тањияи Дафтари машќи хати 1 ва Даф-тари машќи хати 2-ро низ кашидааст, ки чун замимаи «Алифбо» интишор ёфтаанд. Танњо дар чор соли ахир бо њамкории

наздики Созмони тољикон ба номи Рўдакї ва сафорати Тољикистон дар Ќирѓизистон 160 нафар хатмкардаго-ни мактабу синфњои тољикї аз њисоби бурсияи Президенти Тољикистон ба тањсил фаро гирифта шуданд. Ин им-кон дод, ки кору фаъолияти марказ миёни ањолии тољиктабор тањким ёфта, шавќу завќи мардум ба забону фарњанги миллиамон афзун гардад. Онњое, ки донишгоњњои Тољикистонро хатм карда, ба шањру рустоњои худ бармегарданд, бешубња, ба сафи фа-ъолони Маркази тољикон шомил шуда, дар зинда нигоњ доштани забону фарњанги ниёгони хеш дар ин кишвар сањм гузоранд.Мавриди зикр аст, ки дар шимоли

мамлакат (вилояти Чуй) низ теъдоде аз

њамзабонон умр ба сар ме-баранд, ки айёми мушкили солњои 90-ум аз Тољикистон ба ин љо омада, муќим шу-даанд.Чун дар ин љо макта-бу синфњои тољикї амал на-мекунад, фарзандони тољик асосан дар мактабњои русї тањсил доранд. Марказ њар сол аз онњо даъват мекунад, ки дар сурати доштани майл метавонанд фарзандона-

шонро ба донишгоњњои Тољикистон фиристанд. Тайи ин муддат чанд на-фар аз ин њисоб ба Душанбе ва Хуљанд равона шудаанд.Тољикони Ќирѓизистон ташнаи

шеъру сухан ва суруду таронањои тољикї њастанд. Хеле дўст медоранд, ки бо шоирону адибону њунармандони тољик мулоќот кунанд. Ин нуктаро њам сокинони Андарак, њам соки-нони Њайдарканд ва њам сокинони Учќурѓон њамеша таъкид мекунанд. Соли 2011, ваќте ки 80-солагии Шарифљони Учќурѓонї, шоири ном-дори тољикзабони Ќирѓизистон, таљлил мегардид, Абдулњамид Сама-дов њамроњи як гурўњ адибон дар ин љашн њузур доштанд.Онњо таманно доранд, ки гурўњњои

њунарии тољикї зуд-зуд ба ин љо биё-янд ва бо мардум мулоќот кунанд ва дар бедории ифтихороти тољикон

њисса гузоранд. Бо иќдоми Маркази тољикон дар

хиёбони ба номи Садриддин Айнї дар шањри Бишкек лавњаи ёдгории устод насб карда шуд. Инчунин, дар бар-гузории конфронси илмиву адабие, ки ба њаёт ва фаъолияти одамушшу-арро Абўабдуллоњи Рўдакї бахшида шуда буд, наќши њамкории Марка-зи тољикони ин кишвар бо сафорати Тољикистон дар Ќирѓизистон бараъло намоён буд. Дар маљмўъ, Сафорати Тољикистон тањти роњбарии сафир Олим Рањимов њамеша дар мавриди татбиќи барномањои фарњангии Мар-кази тољикони Ќирѓизистон мададго-ру ёвар аст.Ба њаммилатони гиромї, ки дар

њудуди кишвари њамсоя забон ва суннатњои мардумии хешро пос ме-доранду аз тољик будани хеш ифти-хорманданд, 20-солагии Маркази тољикони Ќирѓизистон ба номи устод Абўабдуллоњи Рўдакиро муборакбод мегўем!

Марямбонуи ФАРЃОНЇ, «Омўзгор»

Наќша ва дурнамоисоња муайян гардид

Ба наќшаи ќабул њукумат назорат мекунад

Ўро њама дўст медорандУстод худ чун шамъ месўзаду дили шо-гирдонро бо дониш равшан менамояд. Ба онњо одаму оламро талќин месозад. Ба ќадри ин сарзамин расидан, ватандўсту инсондўст буданро меомўзад. Вазифаи омўзгор танњо аз дониш омўхтан иборат нест. Омўзгори асил њамеша дар пайи таълиму тарбия, навоварию эљодкорист. Озмунњое, ки Т. Ѓоибназаров мегузаронад, хоњишмандони зиёд дорад. Радиожур-нали «Архимедчиён», мусобиќаи «Љоми Љам», бозињои шавќовари математикї (ба монанди «Майдони мўъљизот», «Ёфтани калимањои математикї», «Сањначањои математикї»), ки њама бо ибтикору рањнамоии ў амалї мешаванд, хеле љолибу

омўзандаанд.Муаллим маслињатгари хуби ањли

мањалла мебошад. Волидон, агар ягон душворие дар тарбияи фарзандон пай-до шавад, њатман ба муаллим Тоњир Ѓоибназаров мурољиат менамоянд. Боре пурсидам: « Муаллим, ягон унвон

ё љоиза доред?» Он кас бо табассум гуф-танд: «Унвони ман - шогирдонам».Омўзгороне њастанд, ки унвонњои зиёд,

ордену медалњо доранд, вале дар дили шо-гирд роњ ёфтаву шўълае наафрўхтаанд. Шо-гирдон фаќат муаллимони асилро солњои

зиёд ба ёд меоранд. Дар суњбатњояшон аз шунидани номи онњо чењраашон мешуку-фад. На њар як омўзгор сазовори мењри шогирд мегардад. Устод Ѓоибназаров шогирдонашро дўст медорад. Албатта, онњо дорои хислатњои гуногунанд. Вале устоди нуктасанљу донишманд ба дили њар яки онњо роњ ёфтааст, њамаи онњоро њурмат мекунад. Хонандагонро ба беса-воду болаёќат људо намекунад. Медонад, ки њар як шахс дорои истеъдодест ва онро рўи об баровардан лозим аст. Шогирдони закї низ ин хислатњои

устодро медонанд, ўро њурмат мекунанд. Берун аз дарс чун ба падар ба ў сирри дили худро мегўянд. Нофањмие дар хондан ва оила пайдо шавад, маслињат мепурсанд.Маълум, ки роњбарони маърифатман-

ди мактабњо њамеша барои ба мактаби хеш љалб намудани омўзгорони варзида талош мекунанд. Љумагул Шерова, дирек-тори мактаби №2-и ноњияи Шоњмансур, бар он муваффаќ шуд, ки ин омўзгори мењнатдўстро ба мактаби хеш љалб намояд. Њоло омўзгори болаёќату эљодкор ва

воњибтаљриба Тоњир Ѓоибназаров дар мактаби мазкур фаъолияти густурдаву пурсамар дорад.

Раљабгул АМОНОВА,омўзгори мактаби №2-и шањри Душанбе

(Аввалаш дар сањ.11)

№ 47, 22 ноябри соли 2013 15ОМЎЗГОР РАНГОРАНГ

Аз 31 августи соли 1943 музди кори муаллимон бештар аз 50% зиёд карда шуд.

ДИЌЌАТ: ОЗМУН!

ЊОДИСА

(Аввалаш дар сањ.4)

Кура (Дар ѓазаб шуда ): - Ис-тед! Шумо чаро ба ман рафтори даѓалона мекунед? Гўед, ки шумо кистед?Кунљ: Хайр, чаро намуди ман

шуморо ба њаяљон овардааст? Ба фикрам, ман як ќисми њамворї мебошам.Кура: - Ин њоло барои ман кам

аст. Чї хеле ки буд, њамон хел љавоб дињед.Силиндр (ба сухани Кунљ

њамроњ шуда, яъне, сухани кунљро бурида): - Шумо худатон кистед? Чаро ба сардор чунин муносиба-ти даѓалона мекунед? Њоло њозир маълум аст, ки шумо сар надоред. Вале ман намедонам, ки чї гуна хосиятњо доред? Кунљ: - Мо кунљњои гуногунем.

Ман, масалан кунљи рост мебо-шам. Ба кунљњои тез, кунд, њамсоя, вертикалї ва монанди инњо хешу таборї дорам.Кура. - Шумо чанд дараља (гра-

дус) мебошед?Кунљ: - Чї хеле, ки мегўянд, 900

Кура: - Агар тарафњоятонро давом дињем, чї њол рўй медињад?Кунљ: - Он гоњ ман калон ме-

шавам. (Рўяшро ба тарафи Кура гардонида механдад.)Кура: - Ана, дидед, азизакам,

шумо худатонро хуб намешино-сед! Дар бораи худатон кам медо-нед.Кунљ (нафастанг шуда): - Раи-

си муњтарам, маро бубахшед. Дар њаќиќат ман ба хатої роњ додам.Кура: - Ана, дидед. Акнун

фањмидед, ки ба камбудї роњ до-даед. Камбудиро ислоњ кунед. Кунљатонро то 1800 зиёд кунед. Зеро ки барои давра ва дигар кунљњо хизмати хайрхоњонаи шумо лозим аст. Баъд аз шyмо кї?Секунља. - Ман! Номам Секун-

ча. Аслан мо секунљањо гуногун мешавем: росткунља, тезкунља, кундкунља ва монанди инњо, вале суммаи њамаи кунљњо 1800 мебо-

шад. Секунљањо боз баробарта-раф, баробарпањлў ва гуногунта-раф њам мешаванд. Секунљаи росткунља: -

Муњтарам раис! Муњтарам раё-сат. Агар иљозат медодед, якчанд сухан мегуфтам. Кура: -Канї гўед, чї гуна хиз-

мат кардаед? Номбар мекардед. Секунљаи росткунља: -

Хизматњои шоистаи маро касе ба инобат нагирифтааст. Хизмати ман дар тамоми дунё маълум аст. Ба воситаи ман Магар шуњрати љањонии Пифагор аз ман нест: Аз ёд набароред: «Квадради гипоте-нузаи секунљаи росткунља ба сум-маи квадратї катетњояш баробар аст!» Кура: - Бо вуљуди ин, ањли ни-

шастро бояд њурмат кард, дўсти азизам, риояи регламент њатмист. Боз кї дар он љо?Квадрат (аз љояш хеста): - Номи

ман Квадрат. Њар гуна масоњатро

ман чен мекунам. Чор тараф дорам ва онњо ба њамдигар баробаранд. Кура: - Хайр, мо инро барваќт

фањмида будем. Квадрат: -Ѓайр аз ин диогналњои

ман баробаранд. Диогналњо кунљњои моро ба ду ќисми баробар таќсим мекунанд. Ба ќисмњои баро-бар таќсим мешавам.Росткунља (Сухани квадратро

бурида): - Агарчи тарафњоям баро-бар нестанд, вале ба мисли квадрат ман њам соњиби кунљи ростам. Кура: - Ња, истед! Шумо навба-

тро риоя намекунед?Параллелограмм (Сухани

кураро бурида): - Ман Парал-лелограмм њастам. Тарафњои муќобилам параллеланд, фаќат диогналњоям баробар нестанд. Квадрат (аз раиси анљуман на-

пурсида аз љояш нимхез мешавад ): - Ња вай кунљњояшро ба ду ќисм таќсим намекунад.Кура (Ба овози баланд). - Не, ин

бисёр беодобист! Њурмат накарда-ни анљуман аст. (Зангулаларо садо дода) Ботартиб бошед, анљуманро њурмат кунед. Иштирокдорони азиз, чунин рафтори хуб не, охир шумо маљлиси имрўзаро дар охир худи манро ба нороњатї овардаед. Аќалан регламентро риоя мекар-дед. Аз рафтори баъзењо асаби кас хароб мешавад-е.Силиндр: - Ман фикр мекунам,

ки шумо дар бисёр мавридњо ба эњсосот роњ медињед. Асабњоятон хароб шуданд. Фикр мекунам, љаласаро ба охир расонидан мум-кин аст.Кура: - Хайр, рафиќони

муњтарам, ман ба суханони Си-линдир муќобил нестам. Мо аз мењмонон навигарињоро фањмидем. Ташаккури зиёд, ки дар ваќташ омадед. Софдилона хизмат кардед. Тамоми хосиятњои шуморо

анљуман ба инобат мегирад.

(ПАРДА)Ќ. ЌУРБОНОВ омўзгори мак-

таби №40-и ноњияи Варзоб

Шабнишинии математикї дар мактаб

Шеър каломи мавзун, су-хани баланду пурљозиба ва муассир аст.Муфассирон онро ба

гунаи «марвориде аз да-рёи аќл» тафсир бахшида-анд ва чун манбаи фарању шодмонї, илму маърифат ва тањрикбахши афкору њидоятгари љодањои ростин ситоиш кардаанд. Ва ин њама он ваќт яќин мегардад, ки мо шеърро бо камоли таваљљуњ мутолиа намоем, сари њар њарфу њиљояш биандешем, бо умќи маъниаш бирасем. Ва аслан, ин на њама касро ва на њамеша даст медињад. Аз ин рў, њаводорони каломи бадеъ дар зарурат мурољиат ба ањли хирад, ба муфасси-рони шеър ва ба устодони маънифањм мекунанду гирењи мушкилоташонро во мена-моянд. Ва њамчунин, анъа-наи дерин аст, ки тафсири шеър дар байни ањли адаб ва шеърдўстон гоњо ба тариќи озмун сурат мегирад ва дар ин росто, китобњои тафси-ри шеър (шурўњот) низ арзи њастї кардаанду маъруфият доранд.Ба ин гуна тафсири шеър

корест хеле пурзањмату ан-дешаталаб, вале пурифти-хору лаззатбахш. Ба расми посдории ин анъанаи дерин дар айёми мо низ иддае аз

нашрияњо гоњ-гоње озмуни тафсири шеър меороянд, ки хеле љолибу дорои њаводорони зиёданд. Њафтаномаи «Омўзгор» низ дар ин љода фаъол аст.Инак, дар радифи чанд

озмуни тафсири шеър, ки њафтаномаи мо баргузор на-муда буд, боз як озмуни дигар дар ин боб эълон мешавад. Ташаббускорони ин озмун ва-зири маорифи кишвар Нурид-дин Саидов ва декани факул-таи физикаи ДМТ Давлат Солењов мебошанд.Вазири муњтарам барои

онњое, ки ѓазали машњури Абулќосими Лоњутї «Аё сайёд»-ро шарњу тафсир мебахшанд ва декани фа-култаи физика барои онњое, ки уќдакушої аз маънии ѓазали «Гардиши айём»-и Сайидои Насафї мекунанд, мукофотњои махсус (барои ѓолиби асосї) пешнињод на-мудаанд.Њаљми тафсирномањо на-

бояд аз чор сањифаи чопи компютерї (њарфи Times New Poman Tj – 14, дуинтервалї, бо риояи њошия) зиёд бошанд. Як нафар танњо як тафсир ё ду тафсир ба ду ѓазали маз-кур пешнињод карда метаво-над. Озмун дар арафаи љашни Наврўз љамъбаст хоњад гашт.

«Омўзгор»

Тафсири ѓазалњоАё сайёд, шарме кун, маранљон нимљонамро,Пару болам бикан, аммо масўзон ошёнамро.

Ба гардан бастаї чун риштаву бар пой занљирам,Мурувват кун, иљозат дењ, ки бикшоям

дањонамро.

Ба перомуни гул азбас хамида хор бар поям,Бувад хунин, ба њар љои чаман бинї нишонамро.

Дар ин кунљи ќафас дур аз гулистон сўхтам,мурдам,

Хабар кун, эй сабо, аз њоли хорам боѓбонамро.

Зи танњої дилам хун шуд, надорам мањрами розе,Ки бинвисад барои дўстдорон достонамро.

Мани бечора он рўзе ба ќатли худ яќин кардам,Ки дидам, тоза бо гург улфате бошад шубонамро.

Чу Лоњутї ба љон миннатпазирам то абад онро,Ки бо ман мењрубон созад бути номењрубонамро.

Сарвро шамшоди ќаддаш мањв чун тасвир кард,Обро мављи хиромаш пой дар занљир кард.Эй дами субњи ќиёмат, ин њама таъхир чист?Поси хотирдории суњбат маро дилгир кард.Њар сари мањ бо ќади хамгашта мегўяд њилол,Гардиши айём моро дар љавонї пир кард.Он камонабрў ѓазабнок аз сари хокам гузашт,Чун њадаф лавњи мазорамро нишони тир кард.Муњтасиб мурду суроњї саљдањои шукр кард,Шишаро аз бода холї марги ин бепир кард.Сайидо, дунёпарастонро нагардад нав либос,Чуѓз натвонад ба худ вайронае таъмир кард.

Сайидои НАСАФЇ

À¸ ñàé¸ä!

Ãàðäèøè àé¸ì

Ин шумораи маљалла, ки ба тозагї дастраси ањли таълиму тарбия ва њаводорони соњаи мао-риф гашт, бо маќолаи пурмуњтавои директо-ри Пажўњишгоњи рушди маориф, доктори илми филология, профессор Ш.Исрофилниё њусни оѓоз пазируфтааст.Тавассути ин маќола,

ки «Њастии миллат бо маориф тавъам аст» ном дорад, хонандагони маљалла бо таърихи та-шаккули пажўњишгоњи мазкур, ки соли равон 80-сола шуд, њамчунин, бо њадаф ва вазифањои имрўзу фардои он ошної пайдо мекунанд.Маќолаи муњаќќиќи

м а к т а б ш и н о с Д.Имомназаров «Стан-дарти давлатии тањсилот ва стандартњои фаннї – зодаи истиќлолият» доир ба муњимтарин навгонї дар соњаи мао-рифи кишвар бањс ме-кунад ва ба умдатарин маќсаду вазифањои та-ъйини стандартњо тавзењ мебахшад.

«Тољикон ва инти-шори навгонињои ил-мию фарњангии давро-ни сармоядорї» ном маќолаи дотсенти ДМТ Юсуфи Шодипур, ки фарогири сањифањои минбаъдаи маљалла аст, масъалаи умдаро дар бар мегирад ва хуло-сааш он аст, ки «сањми соњибкорону тољирон дар пањн гардидани навигарињои илмию тех-никии аврупої ва рус дар Осиёи Маказї, аз љумла, њудуди Тољикистони тоинќилобї нињоят бу-зург мебошад».Бидуни шубњае, ни-

гоштаи муњаќќиќ Нур-бахши Љањонгир бо номи «Мапурс аз ман њадиси зулфи пурчин» (шарњи шеъри Аттор) мавриди таваљљуњи вижаи хонан-

дагон ќарор хоњад дошт.Маљалла зери ун-

вонияи анъанавии «Донишгоњи ѓоибонаи омўзгор» маќолањои методии омўзгорони варзида Б.Мирбобоева ва М.Шомуродовро ба табъ расондааст, ки њар ду маќола њам ба муал-лимони кишвар бањри таќвияти фаъолиятшон то љое мадад хоњанд ра-сонд.Маќолањои дига-

ри шумора, ки зери унвонияњои «Шеваи омўзиш», «Минба-ри таљриба», «До-нистан хуб аст» ва «Арзишдоварї» омада-анду ба ќалами муалли-мону пажўњишгарони хушсалиќа Њ.Аброров, М.Акмалов, М.Ањмадов, П.Тиллоева, Њ.Содиќов ва чанде дигар мутааллиќанд, низ фа-рогири муњимтарин ма-соили таълиму тарбия ва мактабу мактабдорї буда, бешубња, писан-ду мавриди омўзишу бањрабардории дои-раи васеи хонандагони маљалла хоњанд буд.Шоистаи тазаккур

аст, ки шумораи навини «Маорифи Тољикистон» чун шуморањои пешини он бо бандубасту орои-ши љолиб ва бо истифо-да аз суратњои рангаву пурмазмун ба нашр ра-сидааст.

А.ИЛЁСПУР,«Омўзгор»

«Маорифи Тољикистон», №5, 2013

Риоя нагаштани одитарин тала-боти ќоидањои бехатарї аз сўхтор њангоми истифодабарии бухорї (бо ангишт) соати 19-30 даќиќаи 13 ноя-бри соли равон боиси ба амал омада-ни сўхтор дар мактаби тањсилоти ми-ёнаи умумии № 32 дењаи Ќаракенљаи љамоати дењоти Муксуи ноњияи Љиргатол гардид. Дар ваќти ба мањалли њодиса расидани оташни-шонон дар масоњати 42 метри мураб-баъ шифт ва боми бинои мактабро оташ фаро гирифта буд. Дар натиљаи гузаронидани амалиёти фаврии тактикї-оташнишонї кормандони Хадамоти давлатии оташнишонї роњњои пањншавии алангаи оташро ба зудї пешгирї намуда, сўхторро дар кўтоњтарин муддат хомўш на-муданд. Мувофиќи иттилои корши-носони ХДО ВКД зарар аз сўхтор

5000 сомонї буда, маблаѓи молу мулки аз коми оташ эмин нигоњдоштаи оташни-шонон 500 000 сомони-ро ташкил медињад. Барои муайян наму-

дани гунањгори њодиса аз тарафи мутахассисо-ни соња тањќиќ бурда мешавад. Њамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки њолати бехатарї аз сўхтори мактаби мазкур то оѓози соли нави хониш ба таври мукаммал аз тарафи нозирони ХДО санљида шуда, ба директори он Нусрат Икро-мови 45 - сола амрномаи маќомоти назорати давлатии бехатарї аз

сўхтор бо як ќатор пешнињодњои муњими зиддисўхторї супорида шуда буд.

Кароматулло АБДУЛЛОЕВ,Толиб ЊАЁТОВ, СХДО ВКД ЉТ

Сўхтор дар мактаб

Абулќосим Лоњутї

№ 47, 22 ноябри соли 201316 ОМЎЗГОР

Суњбати љонпарвар аст суњбати «Омўзгор»

Муассис: Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон

Сармуњаррир: Ноилшо НУРАЛИЕВ

Њайатитањрир:

Н.САИДОВ, Ф.РАЊИМОВ, Т.МАЊМАДОВА, Ф.ИСМОНОВ, А.РАЊМОНОВ, М.САЙФИДДИНОВ, А.МУРОДЇ (љонишини сармуњаррир), М. РУСТАМ (котиби масъул)

Почтаи электронї: [email protected]Сайти њафтанома: www.omuzgor-news.tj

Суроѓа: 734024, ш.Душанбе, к.Нисор Муњаммад, 13а. Телефонњо: ќабулгоњ – 221-63-36, љонишини сармуњаррир – 227-36-29, котиби масъул ва шуъбањо – 227-25-49

Њафтанома дар Муассисаи ХЊЊФ «Мушфиќї» ба табъ расидааст. | Индекси обуна – 68850 | Адади нашр: 29 435 нусха | Тарроњ: С. Ниёзов | Њуруфчинон: О.Љабборова ва Ш. Зафарзода

«Омўзгор» дар Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон тањти раќами 21Р – 405 19.12.2000 сабти ном шуда, тањти раќами 0018/рз, аз 14.09.2007 дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон аз нав номнавис гардидааст. Нашрия ба хотири чандандешї маводе низ ба табъ мерасонад, ки идораи њафтанома метавонад бо муаллифон њамфикр набошад ва барои онњо масъулият ба уњда нагирад. Дастхатњо ва суратњо ба муаллифон баргардонида намешаванд.

ОМЎЗГОР

ХАНДАРЕЗПАНЉ ЛАТИФА

АНЉОМ

- Очаљон, чаро сари пада-рам ин ќадар каммўй?

- Чунки ў боаќлу дониш-манд аст.

- Очаљон, чаро сари шумо ин ќадар сермўй?

- Дамата гир!ХХХ

Ќањвахона. Харидоре аз фурўшанда мепурсад:

- Як истакон ќањва чанд пул?

- Як сомонї.- Шакараш чанд пул?- Шакараш бепул.- Ин хел бошад, аз шака-

раш ба ман як кило дињед.ХХХ

Марду зан ба хонаи хе-шовандашон ба мењмонї мераванд. Зан рўи да-

стархон чанд ќошуќи ба назараш шиносро дида ба шавњараш мегўяд: - Мардак, бахудо, ки ин ќошуќи худамон. Ба ёд оред, њафтаи гузашта ин хешовандамон ба хонаи мо мењмон шуда буд. Маъ-лум, ки…

- Аз куљо донистї, ки ин ќошуќ аз они мо?

- Мардак, охир, ин ќошуќњои тарабхонаи «Сар-ват» ва ману шумо ду моњ пеш онњоро аз он љо номаъ-лумакак…

ХХХМуаллими ситорашиносї

аз талабае пурсид:- «Роњи кањкашон» аз ка-

дом бурљ сар шуда дар куљо поён меёбад?Талаба љавоб дод:- Аз хирмани колхоз оѓоз

ёфта, дар кањдони мудири ферма анљом меёбад.

ХХХОшиќи булњавас:- Гули ман, биё, туро дар

осорхонаи дилам, ки пур аз муњаббатњост, љой кунам.Духтар:- Ман иљоранишин шудан

намехоњам, бењтараш, дар хобгоњ зиндагї мекунам.

Кафедраи фанњои гуманитарї1. Мудири кафедраи фанњои гуманитарї (номзади

илм, дотсент, доктори илм, профессор) 1љой.2. Дотсенти кафедраи фанњои гуманитарї 1љой.

Кафедраи тањсилоти ибтидої-касбї 1. Мудири кафедраи тањсилоти ибтидої-касбї (ном-

зади илм, дотсент, доктори илм, профессор) 1 љой.2. Профессори кафедраи тањсилоти ибтидої-касбї

1 љой.Кафедраи иќтисод ва идораи соњаи маориф

1. Мудири кафедраи иќтисод ва идораи соњаи мао-риф (номзади илм, дотсент, доктори илм, профессор) 1 љой.

2. Дотсенти кафедраи иќтисод ва идораи соњаи маориф 2 љой.

Кафедраи тањсилоти томактабї, ибтидої ва миёнаи умумї

1. Мудири кафедраи тањсилоти томактабї, ибтидої ва миёнаи умумї (номзади илм, дотсент, доктори илм, профессор) 1 љой.

2. Дотсенти кафедраи тањсилоти томактабї, ибтидої ва миёнаи умумї 2 љой.

Кафедраи психология, педагогика ва методикаи таълим

1. Профессори кафедраи психология, педагогика ва методикаи таълим 2 љой.

2. Дотсенти кафедраи психология, педагогика ва методикаи таълим 1 љой.

Озмоишгоњи илмї-татќиќотї1. Мудири озмоишгоњи илмї-татќиќотї 1 љой.2. Ходими калони илмии озмоишгоњи илмї-

татќиќотї 1 љой.3. Ходими хурди илмии озмоишгоњи илмї-

татќиќотї 1 љой.Шуъбаи равобити байналмилалї, татбиќи

лоиња ва грантњо1. Мутахассиси шуъбаи равобити байналмилалї,

татбиќи лоиња ва грантњо 1 љой. Шуъбаи муњосибот ва иќтисод

1. Иќтисодчї 1 љой. Шуъбаи илм ва инноватсия

1. Мудири шуъбаи илм ва инноватсия (номзади илм, дотсент, доктори илм, профессор) 1 љой.Талабот аз довталабонТањсилот: олї;

Њуљљатњои зарурии пешнињодшаванда:а) ариза ба номи ректор;б) пурсишномаи шаклаш аз тарафи маќомоти ва-

колатдор муќарраргардида (њангоми супоридани њуљљатњо пур карда мешавад);в) нусхаи шиноснома;г) шарњи њол;ѓ) вараќаи шахсї барои њисобу китоби кадрњо;д) 3 дона расм 3х4;е) нусхаи њуљљат дар бораи тањсилот;ё) нусхаи номзади илм, дотсент, доктори илм, про-

фессор;ж) нусхаи њуљљати дафтарчаи мењнатї;з) тавсифнома аз љои кори охирин;и) маълумотнома оид ба вазъи саломатї, шакли

086 УЕ;й) рўйхати корњои илмї-татќиќотї ва методї

Вазорати маорифи Љумњурии ТољикистонДонишкадаи љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии

кормандони соњаи маориф барои ишѓоли вазифањои холї Озмун эълон мекунад.

Суроѓаи ќабули њуљљатњо: Индекс: 734024, ш.Душанбе, кўчаи Нисормуњаммад, 15 (назди Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон), тел: 37-884-12-90, ќабули њуљљатњо то 20.04.2014 (њар рўз аз соати 8:00 то 17:00) дар

шуъбаи кадрњо. Озмун рўзи 24.04.2014 соати 14:00 баргузор мегардад.

Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТУ № 0619764, ки онро соли 2013 макта-би №38-и ноњияи Сино ба Њабибова Шањноза Насруллоевна додааст, эъти-бор надорад.Шањодатномаи гумшудаи А

№251771, ки онро соли 1995 мактаби миёнаи раќами 90 ба Убайдулоева Фи-руза Алиљоновна додааст, эътибор на-дорад.Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТУ-

0226888, ки онро соли 2009 мактаби миёнаи раќами 76-и ноњияи Фирдавсї ба Мавлонзода Далери Усмон додааст, эътибор надорад.Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТУ

№0655207, ки онро соли 2013 мактаби миёнаи №1-и ноњияи Сомонї ба Бобо-хонов Мухаммадљон Љумъаевич дода-аст, эътибор надорад.Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТУ

№ 0599225, ки онро соли 2013 мактаби миёнаи №21-и ноњияи Шоњмансур ба Тагайназаров Шохрух Шерназарович додааст, эътибор надорад.Дипломи гумшудаи №0014428, ки

онро соли 2008 литсейи (њоло коллељ)-и касбии информатика ва техникаи ком-пютерии шањри Душанбе ба Дўстов Муњамадулло Њайбулоевич додааст, эътибор надорад.Дафтарчаи имтињонии №46/11 ва

шањодатномаи донишљўии гумшудаи №21/11-и донишљўи коллељи техникии ДДТ ба номи М.Осимї Муродалиев Сафаралї эътибор надорад.Шањодатномаи ронандагии гумшудаи

АБ №0110226, ки онро БДА-и РКД ви-лояти Хатлон 16.11.2004 ба Боев Али Су-лаймонович додааст, эътибор надорад.

Роњбарият ва коллективи кормандони Хадамоти дав-латии назорат дар соњаи маориф аз даргузашти собиќ корманди хадамот ЊАЛИМОВ Бобомурод андўњгин буда, ба ањли хонавода, хешу табори марњум њамдардї

изњор менамоянд.

6-уми ноябри соли равон шоир, омўзгор ва донишман-ди тољик Киром Остонзода дар синни 78-солагї чашм аз олам пўшид.Киром Остонзода 15 январи

соли 1935 дар дењаи Сарчаш-маи ноњияи Шањрисабзи ви-лояти Ќашќадарёи Љумњурии Ўзбекистон таваллуд шуда-аст.Ў баъди хатми макта-

би миёна солњои 1953-1955 дар Донишгоњи омўзгории Самарќанд ва солњои 1956-1959 дар шуъбаи филологияи тољики Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи С.Айнї ѓоибона дониш андўхтааст.Солњои 1956-1961 дар вази-

фаи сарвари мактаби миёнаи ба номи Рўдакии зодгоњаш хизмат кардааст. Аз соли 1961 ба њайси омўзгори за-бон ва адабиёти тољик дар мактабњои шањри Душан-бе фаъолият менамояд. Хидматњои шоёни ин инсони наљибро дар соњањои маориф ба эътибор гирифта, ўро бо нишонњои «Аълочии маори-фи Тољикистон», «Ветерани мењнат», «Муаллим – мето-дист» ва бо итихорномањо сарфароз гардонидаанд.Киром Остонзода соли

1988 дар мавзўи «Низоми арўзи тољик ва тањаввули он» рисолаи илмї дифоъ карда, номзади илми филология

г а р д и д . Дар бахши арўз беш аз панљоњ м а ќ о л а и илмию ме-тодии ў дар рўзномањо, маљаллањо ва ќомусњо нашр гардидааст. Киром Остонзо-да дар дастгирї, тарбия ва рушди истеъдодњои љавон-хонандагони мактабњои пойтахт хидмати шоиста кардааст. Чанде пеш дар интишороти «Олами ки-тоб» бо ќарори њайати му-шовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон ки-тоби ў бо номи «Љадвалњои арўзи форсї-тољикї» чун дастури таълимї рўи чопро дид.Хотираи неки инсони рав-

шанзамир, шоир, омўзгор ва олими шинохта Киром Остонзода дар дили ањли су-хан, шогирдон ва хонандагон боќї хоњад монд.

Вазорати маорифи ЉумњурииТољикистон, њафтаномаи «Омўзгор»

Киром Остонзода

“Баю Бай ‘’хоби солим, хотираи хуб бар шумо!

«Баю Бай» - мањсулоти навоварона буда, дар Россия бемисл аст. Бењуда нест, ки дар давлатњои Россияву Аврупо талабот ба ин мањсулот дар љойи аввал меистад.

«Баю Бай» ба камшавии ваќти хоббарї ва шумори бедоршавињои шабона мусоидат на-муда, љињатњои муњимтарини хобро ба меъёр меорад. Хоболудии рўзонаро ба вуљуд намео-рад.

Ба фаъолшавии равандњои хотира ва аќлонї мусоидат наму-да, азхудкунї ва омўзишро фаъол мегардонад. Амали якљояи унсурњои растанигї таъсири нарми оромибахш расонда, ба инкишофи стресс монеа мешавад. Такроран истифода бурдани Баю бай соле то 2-3 маротиб иљозат аст. Безарар ва одатнаша-вандааст.Тарзи истеъмол: Барои кўдакони аз 1,5 сола боло 10-20-

чакрагї 3 маротиба. Нархаш 23 сомонї. Аз дорухонањо пурсон шавед.

«Плоский живот»(Бадани муттаносиб)

Аллакай дар бораи ин мањсулоти гиёњї андешаи бисёрињоро пурсида будем. Баъди як моњи истифода фикрамон

чунин аст – ОН БЕЊАМТОСТ!Касе чунин шиками зебову њамвор

надошт. На аз варзишу на аз парњез. Мушакњои шикам мустањкам буданду њеч кас наметавонист равѓани онро дур намояд. Баъд аз истифодаи ин даво мушкил њал шуд. Танњо шикам њамвор шуду бас. Як моњ рўзе 2 њаб бояд истеъмол на-

муд. 45 сомонї, аз дорухонаи Саховат харидорї намоед. Фикр мекунем, нархи он гарон нест барои онњое, ки хоњиши харобшавии шикамро доранд.