16
45 (11906) 8 ноябри соли 2013 Бењин фарди љањон омўзгор аст, Аз ў сарсабзу хуррам рўзгор аст www.omuzgor-news.tj НАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ЊАФТАНОМА АЗ 20-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 1932-ЮМ НАШР МЕШАВАД ОМЎЗГОР ÄÀÐ ÈÍ ØÓÌÎÐÀ: МЕЊРНОМА Мефишорам сахт дасту панљањои мањкаматро Њамчу дасту панљаи фарзанди дењќон, Њамчу дасту панљаи шахшўли дењќонбаччаи ќишлоќ Аз каланду досу мисрон. Бо садои гармат одат кардаем Њамчу бо зангўлаи давлат, Њамчу бо зангўлаи вањдат, Њамчу бо зангўлаи мактаб. Чунки дар рўи ту мебинем Рўи миллатро, Нури миллатро, Чунки аз пешонии бози ту мехонем Мо хати таќдири миллатро. Чун кафи дасти ту шањроњат Аз Душанбе то Бадахшон, Аз канори Суѓд то Хатлон; Дар кафи дасти ту меронанд, Дар кафи дасти ту метозанд, Дар кафи дасти ту љорист Сели мошин, Фављи дарёњои мошин. Пойгоњи давлататро карда кафшер Бастакори наќби Анзоб, Бастакори наќби Шаршар, Бастакори Чормаѓзак, Бастакори ГЭС-и Роѓон Њамчу оњан, Њамчу чўян, Њамчу пўлод Пойдор. Ìåôèøîðàì ñàõò äàñòó ïàíљàњîè ìàњêàìàòðî Бозор СОБИР ИНТИХОБОТ сањ. 4 4 Ба муносибати интихоби нави Президенти љумњурї муњтарам Эмомалї Рањмон Вай афзуд, ки мутобиќи маълумоти пеша- кии расмї шумораи умумии интихобкунанда- гон 4 миллиону 201 њазору 156 нафарро таш- кил дода, аз ин шумора 3 миллиону 640 њазору 56 нафар ё 86,6 фоиз дар маъракаи интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон иштирок намуда, овози худро ба номзади дилхоњи хеш доданд. Њамин тариќ, ба љонибдории номзад ба мансаби Президенти Љумњурии Тољикистон аз Иттифоќи љавонони Тољикистон, Фе- дератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон ва Њизби халќии демократии Тољикистон Эмомалї Рањмон 83,6 фоиз, ба љонибдории номзад ба мансаби Президен- ти Љумњурии Тољикистон аз Њизби аграрии Тољикистон Бухориев Толибек Ањмадович 4,5 фоиз, ба љонибдории номзад ба мансаби Президенти Љумњурии Тољикистон аз Њизби ислоњоти иќтисодии Тољикистон Бобоев Олимљон 3,8 фоиз, ба љонибдории номзад ба мансаби Президенти Љумњурии Тољикистон аз Њизби сотсиалистии Тољикистон Ѓаффоров Абдуњалим 1,5 фоиз, ба љонибдории номзад ба мансаби Президенти Љумњурии Тољикистон аз Њизби демократи Тољикистон Исмонов Саидљаъфар 1 фоиз ва ба љонибдории номзад ба мансаби Президенти Љумњурии Тољикистон аз Њизби коммунисти Тољикистон Талбаков Исмоил 5 фоиз овоз доданд. «Ховар» Эмомалї Рањмон пирўз гардид Вай афзуд ки мутобиќи маълумоти пеша Дарси њарбї замина дорад? (Гуфтугўи ошкоро бо омўзгори омодагии дифои њарбї Амонулло Убайдуллоев) сањ. 2 Дар ЧАРОгоњи «чуну чаро» (Консепсияи табиатшино- сии муосир) Њифзи забон вазифаи љомеа аст сањ. 5 5 сањ. 3 Низоми кредитї: дастовард ва мушкилот

Omuzgor #46 2013

  • Upload
    -

  • View
    260

  • Download
    16

Embed Size (px)

DESCRIPTION

 

Citation preview

Page 1: Omuzgor #46 2013

№ 45 (11906)8 ноябри

соли 2013

Бењин фарди љањон омўзгор аст,Аз ў сарсабзу хуррам рўзгор аст

www.omuzgor-news.tjНАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

ЊАФТАНОМА АЗ 20-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 1932-ЮМ НАШР МЕШАВАД

ОМЎЗГОР

ÄÀÐ ÈÍ ØÓÌÎÐÀ:

МЕЊРНОМА

Мефишорам сахт дасту панљањои мањкаматро

Њамчу дасту панљаи фарзанди дењќон,Њамчу дасту панљаи шахшўли

дењќонбаччаи ќишлоќАз каланду досу мисрон.

Бо садои гармат одат кардаемЊамчу бо зангўлаи давлат,Њамчу бо зангўлаи вањдат,Њамчу бо зангўлаи мактаб.

Чунки дар рўи ту мебинемРўи миллатро,Нури миллатро,Чунки аз пешонии бози ту мехонемМо хати таќдири миллатро.

Чун кафи дасти ту шањроњатАз Душанбе то Бадахшон,Аз канори Суѓд то Хатлон;Дар кафи дасти ту меронанд,Дар кафи дасти ту метозанд,Дар кафи дасти ту љористСели мошин,Фављи дарёњои мошин.

Пойгоњи давлататро карда кафшерБастакори наќби Анзоб,Бастакори наќби Шаршар,Бастакори Чормаѓзак,Бастакори ГЭС-и РоѓонЊамчу оњан,Њамчу чўян,Њамчу пўлодПойдор.

Ìåôèøîðàì ñàõò äàñòó ïàíљàњîè ìàњêàìàòðî

Бозор СОБИРИНТИХОБОТ

сањ. 44

Ба муносибати интихоби нави Президенти љумњурї

муњтарам Эмомалї Рањмон

Вай афзуд, ки мутобиќи маълумоти пеша-кии расмї шумораи умумии интихобкунанда-гон 4 миллиону 201 њазору 156 нафарро таш-кил дода, аз ин шумора 3 миллиону 640 њазору 56 нафар ё 86,6 фоиз дар маъракаи интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон иштирок намуда, овози худро ба номзади дилхоњи хеш доданд. Њамин тариќ, ба љонибдории номзад ба мансаби Президенти Љумњурии Тољикистон аз Иттифоќи љавонони Тољикистон, Фе-дератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон ва Њизби халќии демократии Тољикистон Эмомалї Рањмон 83,6 фоиз, ба љонибдории номзад ба мансаби Президен-ти Љумњурии Тољикистон аз Њизби аграрии Тољикистон Бухориев Толибек Ањмадович 4,5 фоиз, ба љонибдории номзад ба мансаби Президенти Љумњурии Тољикистон аз Њизби ислоњоти иќтисодии Тољикистон Бобоев Олимљон 3,8 фоиз, ба љонибдории номзад ба мансаби Президенти Љумњурии Тољикистон аз Њизби сотсиалистии Тољикистон Ѓаффоров Абдуњалим 1,5 фоиз, ба љонибдории номзад ба мансаби Президенти Љумњурии Тољикистон аз Њизби демократи Тољикистон Исмонов Саидљаъфар 1 фоиз ва ба љонибдории номзад ба мансаби Президенти Љумњурии Тољикистон аз Њизби коммунисти Тољикистон Талбаков Исмоил 5 фоиз овоз доданд.

«Ховар»

Эмомалї Рањмон пирўз гардид

Вай афзуд ки мутобиќи маълумоти пеша

Дарси њарбї замина дорад?(Гуфтугўи ошкоро бо омўзгори омодагии дифои

њарбї Амонулло Убайдуллоев)

сањ. 2

Дар ЧАРОгоњи «чуну чаро»(Консепсияи

табиатшино-сии муосир)

Њифзи забон вазифаи љомеа аст

сањ. 55

сањ. 3

Низоми кредитї: дастовард ва мушкилот

Page 2: Omuzgor #46 2013

№ 46, 15 ноябри соли 20132 ОМЎЗГОР САНАД

29 марти соли 1918 дар тамоми вилоят ва уездњои кишвар Шўрои маорифи халќ ташкил ёфт.

НУЌТАИ НАЗАР

1.Муќаррароти умумїНизомномаи мазкур дар асоси банди 3, моддаи 22-и

Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» тањия гардида, минбаъд тартиби гузаронидани Озмуни љумњуриявии «Бењтарин нишон-рас» байни хонандагони мактабњои тањсилоти миёнаи умумии љумњуриро муќаррар менамояд.

2. Маќсад ва вазифањоОзмуни љумњуриявии «Бењтарин нишонрас» бо

маќсади баланд намудани сифатњои ахлоќї, њуввияти миллї, ватанпарастии кўдакону наврасон, инчунин та-шаккули инсони комил ва њимоягари манфиатњои Ва-тани хеш гузаронида мешавад. Озмун дар назди худ вазифањои зеринро мегузорад:- инкишоф ва оммавияти мусобиќаи варзишї оид ба

тирпарронї байни хонандагони мактабњои љумњурї;- љалби кўдакону наврасон ба машѓулиятњои мунта-

зами намудњои тирпарронї;-муайян намудани њайати даста ва нишонрасони

бењтарин оид ба тирпарронї ва баланд бардоштани мањорати варзишии онњо.

3. Ваќт ва љойи гузарониданОзмуни љумњуриявии «Бењтарин нишонрас» дар се

давр гузаронида мешавад:- даври якум (ноњиявї) то 11 ноябри соли 2013;- даври дуюм (вилоятї) то 18 ноябри соли 2013;

- даври сеюм (љумњуриявї) рўзњои 29-30 ноябри соли 2013 дар шањри Душанбе баргузор мегардад.Барои баргузории озмун Кумитаи тадорукоти

љумњуриявї ва дар љойњо Кумитањои тадорукоти вилоятї, шањрї ва ноњиявї таъсис дода мешавад. Ба њайати Кумитаи тадорукоти љумњуриявї ва кумитањои дар мањалњо таъсис додашуда намояндагони соњаи маориф, Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Ташкилоти мадад-гори мудофиаи Љумњурии Тољикистон ворид меша-ванд.Дархости дастањо, ки дар даври дуюми озмун

ѓолибиятро ба даст оварда, ба даври нињої роњхат гирифтаанд, то 25 ноябри соли 2013 ба Маркази љумњуриявии муассисањои тањсилоти иловагї (ш. Ду-шанбе, кўчаи Нисормуњаммад, 13а) пешнињод мегар-данд.

4. Шартњо ва мазмуни озмунДар озмун хонандагони синфњои 9-11, ки

иљозатномаи тиббї доранд, роњ дода мешаванд. Њайати дастањо барои вилоятњои Суѓду Хатлон, ВМКБ, шањри Душанбе иборат аз чор нафар (ду писар, ду духтар) ва барои шањру ноњияњои тобеи љумњурї аз ду нафар (як писар ва як духтар) иборат аст. Њангоми иљрои машќњо варзишгар аз яроќи

пневматикї (ВП-1) истифода менамояд. Дар масофаи

10 метр се дона тири санљишии тахминї дода шуда, ба он 10 хол бањогузорї карда мешавад. Муњлати иљрои амал 15 даќиќа муайян шудааст. Зимни бањогузорї њайати њакамон се дастаи бењтарин ва се нишонраси бењтаринро муайян мекунад.Силоњњои варзишї ва захираи тирњоро Кумитаи

љавонон, варзиш ва сайёњии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Ташкилоти мададгори мудофиаи Љумњурии Тољикистон таъмин менамояд.

5. Натиља ва љамъбасти озмунБарои гузаронидани даври љумњуриявии озмун бо

пешнињоди Кумитаи тадорукот њайати доварон аз њисоби мутахассисони соња интихоб карда мешаванд. Ѓолибони озмун бо ифтихорномањо ва туњфањои хоти-равии Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон сар-фароз гардонида мешаванд.

6. Маблаѓгузорї Сарфи маблаѓњои људогардида барои даври хоти-

мавии Озмуни љумњуриявии «Бењтарин нишонрас», аз љумла хўроки иштирокчиён, хизматрасонии фарњангї, инчунин, дастрасии мукофотњо ба зиммаи Маркази љумњуриявии муассисањои тањсилоти иловагии назди Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон гузошта ме-шавад. Масрафњои вобаста ба омаду рафти иштирок-чиён, роњбарони гурўњ, таъмини хўроку роњ аз тарафи идорањои дахлдори маориф пардохт карда мешавад.

НИЗОМНОМАоид ба Озмуни љумњуриявии «Бењтарин нишонрас» байни хонандагони

мактабњои тањсилоти миёнаи умумии љумњурї

Бо фармоиши вазири маорифи Љумњурии Тољикистон аз 31.10.2013,

№27/3 тасдиќ карда шудааст

Писари ќањрамони љангЌиблагоњи Амонулло – Убай-

дулло Муродов собиќадори Љанги Бузурги Ватанї буда, соли 1941 аз ноњияи Њисор ба љабња сафарбар карда мешавад. Расо 5 сол дар муњорибањои шадиду тоќатфарсо алораѓми душманони Ватан мељангад ва шањди ѓалабаро дар шањри Бер-лин чашида соли 1946 бо сари баланд ба зодгоњаш бармегар-дад. Ќањрамони љабњањои пур-хатар дар замони амну осоиш-та дар ќатори дигар фарзандон Амонуллоро низ панду андарз медод.

-Хондану босавод шудан бењтарин шараф аст,-мегуфт ў. Дунё мањз бо шарофати одамони босаводу хайрандеш обод асту барљост. Бинобар ин, аввалин амале, ки бояд анљом бидињед, ин омўхтани илм аст, - таъкид мекард падар. Аммо илм њатман бояд бо амал пайваст бошад. Танњо дар њамин сурат инсон дар зиндагї комгору муваффаќ мешавад ва аз самараи амали ў дигарон низ масруру шодмон мегарданд. Мењнат хоњ-нохоњ шахсро тавонгар, комил ва пух-та мекунад. Аз мењнату ранљу зањмат ба њељ ваљњ њаросидан ло-зим не, писарам Амонуллољон! – гўё суханњои падар њамин дирўз буд, ки тайи гўшаш садо медоданд. Ва Амонулло рафт аз пайи ба орзуњои худу па-дар љома пўшондан. Дар оѓоз Омўзишгоњи педагогии ноњияи Њисорро соли 1972 ба итмом ра-сонида, баъдан ба Омўзишгоњи њарбии шањри Москва дохил гардида, онро муваффаќона ба анљом расонд. Муддатњое (аз соли 1986 то 1996) фаъолияти кории худро дар комиссариа-ти њарбии ноњияи Њисор идома дода, тавассути амалњои суд-

манду ибтикороти муассираш мањбуби роњбарият гардид. Бад-ин хотир, ўро ба кор ба Вазора-ти мудофиаи Тољикистон даъ-ват намуданд. Панљ сол (аз соли 1996 то соли 2001) љонишини бахши сиёсии Неруњои Њарбї-Њавоии вазорат шуда ифои ва-зифа кард. Баъдан њамон мењри азалии мактабу хонандагон ва таълиму тарбия, ки ѓолибан аз андарзи њакимонаи ќиблагоњаш сарчашма мегирифт, ўро ба мактаби зодгоњаш овард. Дар мактаби №57-и ноњияи Њисор ба њайси омўзгори фанни омо-дагии дифои њарбї ба кор шу-руъ намуд.

Дар љодаи талошњоЊангоме ки Амонулло ба гу-

заронидани машѓулиятњои фан-ни Омодагии дифои њарбї оѓоз кард, дар мактаб ягон навъи да-стуру китобча, асбобу васоити аёнї, нусхањои аслињањои љангї, ќисмњои алоњидаи яроќњо, ове-заву расмњои марбути мавзўоти дарсии фанни мазкур мављуд набуд. Ба хонандагон ба таври соддатар мавзўъњоро маънидо-ду тафсир менамуд, кўшиш ба харљ медод, то шогирдон дар хусуси ину он силоњи љангї, љузъиёту ќисмњои он ва шеваи истифодабарии яроќњои гуно-гун маълумоти сарењу даќиќ пайдо намоянд. Аммо танњо бо «хондани ваъз» шавќу раѓбати хонандаро нисбат ба ин фан бедор кардан амрест муњол ва ба масал «сахт корест, шабењи рўёнидани райњон дар сафол».Бинобар ин, Амонулло ба

ќавле «даст болои даст монда» чун як мушоњидакори беѓаразу бепарво наменишаст. Ба ў лозим меомад, ки сар ба њар дару по ба остони ину он идораи ба соњаи низомї алоќаманд гузорад, то њадди аќал дастуру таълифо-ти њарбї, овезаву таблитсањо ва расмњои зарурии силоњњову ќисмњои он, ќадамзанию сафо-роии сарбозон, ба тарафњои

чапу рост тоб хўрдану салом доданашонро дарёфт карда, њамчун айёният ба шогирдон нишон дињад. Мегўянд, ки «дил бисўзад аз чашми кўр об мера-вад». Устоди беќарору дилсўз, ки таљрибаи ибратбахши кор дар идорањои бахши низомї дошт, дар муддати кўтоњ синф-хонаи фаннии ОДЊ-ро бо шио-ру овезањо ва суратнигорањои њарбї муљањњаз гардонида, баъ-зе харитањои заруриро дастрас намояд. Аммо ин њама кам буд…Аз проблемаву мушкилот чаро

намегўянд? Оё мо воќеан мута-хассисони њирфаї дорем?

-Оре, ин њама кам аст,-тавзењ медињад устод Амонулло Убай-дуллоев. Чаро? Зеро ки то њол ба-рои гузаронидани машѓулиятњо оддитарин шароитро надорем, мо, омўзгорони фанни ОДЊ. Масъулони бахши маориф дар љаласаву анљуманњо аз боби бењтар гардидани сифати таъ-лиму тарбия гаштаву баргаш-та њарф дар миён меандозанд. Аммо камина боре надидааму нашунидаам, ки аз хусуси муш-

килоти сангину воќеии фанни ОДЊ ва омўзгорони ин фан сухан карда бошанд. Њол он ки солњои тўлонї, баъди аз байн рафтани давлати абарќудрати Шўравї ва бар асари даргирињову шурўи љанги шањрвандї асбо-бу абзори техникї ва силоњу муњимот аз мактабњо абадан «ѓайб» заданд. Бубинед, аз хат-ми он љанги бемаънї дастикам 13-14 сол сипарї мегардад, аммо то ба ин дам дар сам-ти бо нусхањои машќии яроќу силоњ, муњимот ва дар маљмўъ, техникаи дастии мављуда (ма-салан, норинљак (граната) ва дигар абзору анљоми низомї барои мактабиён аз ягон сў (манзурам идорањои масъули иртиботманди ин масъала ме-бошад) ёрию кўмак он тараф истад, њатто як њолпурсию ба проблемањои мављуда расидагї кардан ба чашм намерасад. Аз љумла, барои гузаронидан ва иљрои машќњои тактикї дар мактабу таълимгоњњо аз љониби њељ як маќомот (ба вижа, њукуматњои ноњияњо) ягон хел маблаѓгузорї ба роњ монда на-шудааст. Майдонњои махсус ба-рои машќу тамрин дар дарсњои ОДЊ мављуд нест. Њатто дар мактабњо воситањои элемен-тарии техникию озмоишї, чун ќутбнамо, харитањои топографї, харитањои љойгиршавии ањолї ва ѓайра дида намешавад. Њол он ки тибќи талаботи замони муосир хонандаи таълимгоњ бояд дар бораи масштаб, координатањо ва монанд ба ин омилњои муќаддаму асосї маълумоту тасаввуроти кофї ва комил дошта бошад. Акнун чанд сухан перомуни барномаву дастурњои фанни мазкур. Дар муддати ду сол тибќи барно-маи таълимї 70 соат барои гу-заронидани мавзўъњо пешбинї карда шудааст. Аммо ба аќидаи инљониб, миќдори соатњои омўзишї кам мебошанд. Имрўз масъалаи аз њама ташвишзо ба

хизмати Ватан љалб шудани љавонон ба шумор меравад. Ба пиндори мо, агар Вазорати му-дофиа дар алоќаву њамбастагї бо Вазорати маориф дар оянда хоњанд, ки хонандагон бањри хизмат дар сафи Ќуввањои Мусаллањи Њарбї њамаљониба тайёру омода бошанд, бояд якљоя тамоми шароитњои зару-риро дар мактабњо муњайё со-занд, ба сифати дарсњои ОДЊ бештар таваљљуњ намоянд. Љойи афсўсу нигаронист,ки бахши аъзами омўзгороне, ки аз ин фан машѓулият мегузаронанд, ихтисосманд нестанд. Аз ин ба баъд машѓулиятњои ОДЊ-ро боястї мутахассисони дониш-манду њирфаї дар мувофиќа бо кафедрањои њарбии мактабњои олї ва Вазорати мудофиаи Тољикистон дар сатњи баланд гузаронанд. Бењ мебуд барои таълимгоњњо китобчаи кисагии «Сарбоз», китобу дастурњои таълимї (фарзи мисол, Оинно-маи њарбї) бо забони соддаву фањмо чоп кардаву дастраси омўзгорон гардонида шавад. Њамчунин, ваќти он расида-аст, ки доир ба шавќовару пурмуњтаво ва љаззобу ранго-ранг гузаронидани машѓулиятњо (мавзўъњои људогонаи таълимї) диафилмњоро тањия ва ба их-тиёри маъмурияти муассисањои таълимї гузоранд. Проблемаи доѓи рўз дар таълими фанни ОДЊ мављуд набудани барномаи ба талабот созгору њамоњанг ба њисоб меравад.Хуб мешуд, ки кормандон

муассисањои масъули Вазорати маориф ва мудофиа таълифу тањияи як барномаи љадиду му-каммалро бар зимма мегириф-танду дар муддатњои кўтоњ омо-да мекарданд. Умуман, ваќти он расидааст, ки машѓулиятњо ба таври амалї гузаронида шаванд гузаронида шаванд. Наќши мактаб дар тайёр наму-дани муњофизони ояндаи Ватан баѓоят бузург аст. Аз ин рў, ба таълими амалию самарабахши фанни ОДЊ таваљљуњи зарурї мебояд ва ин талаби замон аст.

Шодї РАЉАБЗОД,«Омўзгор»

Дарси њарбї замина дорад?(Гуфтугўи ошкоро бо омўзгори омодагии дифои њарбї Амонулло Убайдуллоев)

Page 3: Omuzgor #46 2013

№ 46, 15 ноябри соли 2013 3ОМЎЗГОР ЊАМОИШ

Комиссариати халќи маорифи Туркистон моњи июни соли 1918 ташкил шуд.

МИЗИ МУДАВВАРОѓоз

Њафтаи сипаришуда дар Пажўњишгоњи рушди маорифи Академияи тањсилоти Тољикистон бо иштироки муовини аввали ва-зири маориф Фарњод Рањимов, сармутахассиси раёсати тањсилоти олии касбї ва баъдидипломї Сайфуддин Давлатов, директо-ри ПРМ Шарифмурод Исрофи-лов ва намояндагони донишгоњу донишкадањои кишвар, ки гурўњи кориро ташкил медињанд, дар мавзўи «Низоми кредитї: дасто-вард ва мушкилот» мизи мудав-вар доир гардид.Зимни сухани ифтитоњии худ

директори ПРМ Ш.Исрофилов зикр намуд, ки бо маќсади омўзиши зарурат ва роњу усулњои гузариш ба низоми кредитии тањсилот дар муассисањои тањсилоти олии касбї бо назардошти таљрибаи давлатњои пешраф-та ва хусусиятњои миллии соњаи маорифи Љумњурии Тољикистон тибќи фармоиши вазири мао-рифи Љумњурии Тољикистон (№ 1231, аз 28. 05. 2013) гурўњи корї «Оид ба омўзиши зарурат ва роњу усулњои гузариш ба низоми кре-дитии тањсилот дар муассисањои тањсилоти олии касбї» созмон ёфта буд.

-Гурўњи кории зикршуда таљрибаи кишварњои хориљї ва фаъолияти муассисањои тањсилоти олии касбї, хусусан, ДМТ, ДДОТ ба номи С.Айнї, Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон, Донишгоњи техно-логии Тољикистон, Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик М Осимї, ДДТТ ба номи А.Сино, Донишгоњи сла-вянии Россия – Тољикистон, ДДЗТ ба номи С.Улуѓзода, До-нишкадаи соњибкорї ва хизмати Тољикистонро мавриди омўзишу баррасї ќарор дод,-ќайд намуд Ш.Исрофилов. -Бояд гуфт, ки Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон ва Донишгоњи тех-нологии Тољикистон аз соли 2005 таълимро бо низоми кредитии тањсилот ба роњ монда, дар ин ра-ванд таљрибаи кофї ба даст овар-данд. Донишгоњу донишкадањои дигар низ пайгирона ин низомро љорї намуда истодаанд.Њамчунин, гурўњи корї фа-

ъолияти муассисањои тањсилоти олии касбиро дар бахши татбиќи низоми кредитии тањсилот мав-риди омўзишу баррасї ќарор дода, бо назардошти таљрибаи давлатњои пешрафта ва хусусиятњои миллии соњаи маори-фи Љумњурии Тољикистон барои татбиќи муваффаќона ва самара-ноки низоми кредитии тањсилот лоињаи Низомномаи намунавї оид ба низоми кредитии тањсилот дар муассисањои тањсилоти олии касбии ЉТ-ро омода намуд, ки дар њамоиши имрўза мавриди муњокимаву баррасї ќарор дода мешавад.

Роњи баргашт нестБа андешаи Фарњод Рањимов,

муовини аввали вазири мао-риф, масъалае, ки имрўз маври-ди баррасї ќарор дода мешавад, масъалаи хеле муњим дар соњаи маориф арзёбї мегардад, ки бояд атрофи он њарчи зиёдтар сухан гуфт.

-Низоми кредитї соли 10-ум аст, ки дар љумњурї бо шаклњои гуно-гун амалї шуда истодааст,-иброз дошт Ф.Рањимов.- Заминањои он соли 2004 дар ду донишгоњ гу-зошта шуда буд, ки аз таърихи амалишавии он њамагон огоњем. Баъдан, як њуљљати муњим соли 2008 ќабул шуд, ки ин Консеп-сияи рушди тањсилоти касбї дар ЉТ мебошад. -Мувофиќи наќшаи

чорабинињои татбиќи консеп-сия амалишавии низоми креди-тии тањсилот дар муассисањои тањсилоти олии касбї соли 2015 ба охир мерасад ва дар ин муддат ќариб тамоми санадњои меъёрию њуќуќии ба танзим дарорандаи низоми нав дар ЉТ коркард шуда, дањњо низомнома аз тарафи мушо-вара тасдиќ карда шуданд. Имрўз дигар бањс дар бораи худи низом намеравад, ки љорї кардани он ба манфиат аст ё не. Ин марњила паси сар шуд, яъне, мо роњро ин-тихоб кардем ва дигар роњи бар-гашт нест. Роњи интихобкардаи мо ин аст, ки як низоми креди-тии миллии љавобгў ба талаботи замон ва талаботи стандартњои байналмилалї дошта бошем.Дар идомаи баромад ќайд кар-

да шуд, ки яке аз манбаъњое, ки асосан ба он такя карда меша-вад, Баёнияи Болония мебошад, ки соли 1999 вазирони маорифи Иттињоди Аврупо дар якљоягї имзо гузоштаанд.

-Љањонишавї тамоми пањ-луњои њаёти инсониятро фаро гирифта буд, њам аз љињати иќтисодї, њам аз љињати сиёсї ва њам аз љињати фарњангї. Ва ин љањонишавї соњаи маорифро низ дар канор нагузошт,-иброз дошт Ф.Рањимов.- Ин низоме, ки бо машварату маслињати њамдигарии вазирони маорифи Аврупо созмон дода шуд, низоми ягона дар эъти-рофу баробарарзишии тањсилот мебошад. Имрўз љањонишавї та-моми пањлуњои соњаи маорифро фаро гирифта истодааст. Њамчунин, таъкид кардан ба-

маврид аст, ки низоми кредитии мо нусхабардории дигар кишварњо нест. Ин низом бо назардошти арзишњои миллї, бо назардошти таљрибањои доштаи таърихї, ки љавобгў ба талаботи байналмила-лист, сохта шудааст. Ин низом ме-тавонад дар мактабњои мо сифати тањсилотро пурра таъмин созад. Мањз натиљаи њамин аст, ки имрўз ин низом дар аксари муассисањои мо амал карда истодааст.Баъзан мушкилињое пайдо ме-

шаванд, ки ба тадриљ онњоро бар-тараф хоњем кард. Мутаассифона, то њол баъзе донишљўёни мо на-медонанд, ки бо ќарори Њукумати ЉТ аз соли 2008 маќоми бакалавр ба маќоми мутахассис баробар карда шудааст. Бакалавр шахсест, ки дорои маълумоти олии касбї буда, дар бозори мењнат талаботи ќаблан барои мутахассис пешбинї шударо иљро карда метавонад. Имрўз дар бозори мењнат њељ фарќ миёни ин ду низом вуљуд надорад. Мушкили дигар дар Донишгоњи тиббї вуљуд дорад ва он алоќаманд бо тањсилоти бисёрзинагї мебошад. Зеро дар ин муассиса зинањои гуногуни тањсилот вуљуд дорад. Вобаста ба он, фикр мекунам, ислоњоти љиддие дар ин муассиса гузарони-дан лозим аст, то тавонем низоми ягонае дошта бошем. Бо вуљуди мушкилоти љойдошта, дар умум кор дар ин самт хуб љараён до-рад.

Гурўњи корї кор кард, аммо…

Аз маълумотномаи гурўњи корї ба хулосае метавон расид, ки барои татбиќи самарано-ки низоми нав бартараф кар-

дани якчанд монеа зарур аст. Аз љумла, ќавї намудани пояи моддию техникии муассисањои тањсилоти олии касбї, омода на-мудани њайати омўзгорон барои фаъолият тибќи талаботи низоми кредитии тањсилот, тайёр намуда-ни донишљўён барои тањсил дар асоси талаботи низоми кредитї, тањия ва мавриди истифода ќарор додани асноди меъёрии њуќуќии

танзимкунандаи низоми кредитии тањсилот.Бо маќсади муайян кардани

раванди амалишавии низоми зикршуда дар якчанд муассисаи тањсилоти олии касбии љумњурї (ДМТ, ДДОТ ба номи С.Айнї, ДТТ, Донишкадаи соњибкорї ва хизмати Тољикистон) корњои озмоишї гузаронида шуд.Дар натиља маълум гардид,

ки раванди татбики низоми кре-дитии тањсилот дар њамаи ин муассисањои тањсилоти олии касбї як хел нест, зеро пояи мод-дию техникї, нерўи аќлонї (ил-мию омўзгорї)-и ин муассисањо баробар нестанд. Аз ин рў, сатњи татбиќ ва сифату самаранокии кор дар ин самт мухталиф аст. Масалан, дар Донишгоњи

миллии Тољикистон наќшаи чорабинињои тадриљан ба низо-ми кредитии тањсилот гузаштани ихтисосњо тањияву тасдиќ ва мав-риди истифода ќарор гирифтааст. Тибќи наќшаи чорабинињо гуза-риш ба низоми мазкур аз оѓози соли тањсили 2007 – 2008 сурат ги-рифта, то њол дар 17 фекултет аз 75 ихтисоси дар донишгоњ амал-кунанда 63 ихтисос бо низоми зикршуда тањсил мекунанд.Доир ба њамаи фанњои таъ-

лимии дар низоми креди-тии тањсилот омўхташаванда барномањои кории фаннї (силлабусњо) тањия карда шуда-анд. Њамчунин, доир ба таълими аксарияти фанњои таълимї мат-ни мухтасари лексияњо мураттаб гардидаанд, ки онњо ќисман ба донишљўён дастрас мебошанд. Аз љониби шуъбаи баќайдгирї ва низоми кредитии тањсилоти донишгоњ наќшаи раванди таъ-лим ва таќвими академї барои донишгоњ тартиб дода шудааст.Дар донишгоњ намунаи барно-

маи фаннї (силлабус) тањия шуда, дастраси кафедрањо карда шуда-анд. Дар асоси намунаи зикршуда, њайати профессорону омўзгорони кафедрањо барномањои фаннї (силлабусњо)-и фанњои таълимии худро барои соли тањсили 2012-2013 омода намудаанд. Ќабули имтињонњои љамъбастї дар мар-кази тестии донишгоњ ташкил ва

гузаронида мешавад.Дар Донишгоњи давлатии

тиљорати Тољикистон соли 2004 низоми кредитї танњо дар ду фа-култет – иќтисодиёти љањон ва њуќуќ ва иќтисодиёт ва менељмент ба роњ монда, соли тањсили 2007 – 2008 бошад, донишгоњ пур-ра ба низоми зикршуда гузашт. Барномањои фаннї дар асоси стан-дарти тањсилот барои њар як фан

тањия шуда, дастраси донишљўён гардидаанд. Омўзгорон аз њамаи фанњои омўхташаванда сил-лабус, маводи таќсимшаванда (дар шакли хаттї ва электронї) ва маљмўањои таълимї-методї (модулњо) омода намудаанд. ДДТТ солњои охир робитаро бо муассисањои таълимї ва илмии кишварњои хориљї њамаљониба густариш дода, њамкорињои суд-мандро бо роњ мондааст.Дар Донишгоњи давлатии

омўзгории Тољикистон ба номи С.Айнї аз 4638 нафар донишљўи шуъбаи рўзона 3702 нафар (79,8%) бо низоми кредитї тањсил мена-моянд.То имрўз аз тарафи устодон

«Низомнома оид ба ташкили ни-зоми кредитии тањсилот», «Ни-зомномаи шуъбаи баќайдгирї ва машваратї» ва «Роњнамо барои донишљўён» тањия шудаанд.Дар донишгоњ бо маќсади

љорї намудани низоми креди-тии тањсилот корњои илмию тањќиќотї бурда мешаванд. Чанд нафар омўзгорони донишгоњ во-баста ба он рисолањои докторию номзадї дифоъ намудаанд. Дар Донишкадаи соњибкорї

ва хизмат љараёни таълим дар асоси барномањои тањсилоти бисёрзинагї (бакалавр, магистр) ва низоми кредитии тањсилот су-рат мегирад. Наќшањои таълимї аз рўи 18 тахассус тибќи талаботи стандартњои аврупої тањия гар-дида, аз оѓози соли тањсили 2010-2011 татбиќ шуда истодаанд. Сил-лабус ва дигар маводи дарсї дар китобхонаи электронї бо низом љойгир карда шудаанд.Гурўњи корї дар ваќти муайян

амалишавии низоми кредитиро дар якчанд муассиса омўхтаву ба хулоса омад ва лоињаи низомнома низ мураттаб карда шуд, аммо ба-рои рафъи мушкилоти љойдошта чї бояд кард?

Пешнињод ва хулосаВобаста ба мушкило-

ти љойдошта аз љониби иштирокдорон-гурўњи корї пешнињод намуданд, ки раёсатњои муассисањои тањсилоти олии касбї бо назардошти имконоти молиявї љињати боз њам ќавї на-

мудани пояи моддию техникии муассисиса аудиторияњои таъли-миро бо тахтањои интерактивии электронї таъмин намуда, љињати омода намудани њайати омўзгорон барои фаъолият тибќи талабо-ти низоми кредитии тањсилот чорањои амалї андешида, курсњои кўтоњмуддат, семинарњои наза-риявии маќсаднок ва бо ишти-роки мустахассисони варзидаи ватанию хориљї мизњои мудаввар баргузор намоянд. Њамчунин, эд-вайзери ихтисосњоро мувофиќи низомномањо аз њисоби мудиро-ни кафедрањо ва ё омўзгорони пуртаљрибаи собиќадор таъйин карда, ба як эдвайзер на зиёда аз 200 нафар донишљў вобаста кар-да шаванд ва маблаѓи фаъолияти онњо дар алоњидагї пардохта ша-вад. Тањияи дастуру нишондодњо,

маводи ёрирасон ва китобњои дарсии тахассусї вобаста ба мундариљаи наќшањои таълимии намунавии ихтисосњо ба роњ мон-да шавад. Илова бар ин, такмили ихтисос ва бозомўзии устодо-ни муассисањои тањсилоти олии касбї дар пояи Донишкадаи так-мили ихтисос ва бозомўзии кор-мандони муассисањои тањсилоти олии назди ДМТ бо даъвати му-тахассисони варзидаи ватанї ва хориљї ташкил ва дар доираи со-зишномаю тафоњумномањои ба-имзорасида ва имконоти молия-вии муассисањои таълимї љињати такмили ихтисосу омўзиш ба муассисањои тањсилоти олии кас-бии кишварњои пешрафта фири-стодани устодону кормандон, даъ-вати мутахассисони босалоњият аз муассисањои таълимию илмии кишварњои мутараќќї тадбирњои амалї андешида шавад.Љињати омода намудани

донишљўён барои тањсил тибќи низоми кредитї чорањои амалии зерин андешида шаванд:

*таъмини донишљўён (хусу-сан, курсњои аввал) то оѓози соли тањсил бо “Роњнамои донишљў”, ки дар он тамоми маълумот оид ба ташкили раванди таълим дар ша-роити низоми кредитии тањсилот, уњдадорињои устод ва донишљў, тарзи ќабули имтињонњои љорї, фосилавї ва љамъбастї бояд дарљ ёфта бошад.

*баќайдгирии сариваќтии донишљўён ва рамзгузорї аз љониби шуъбаи дахлдор (баќайдгиранда), кўмаки амалї расонидан ба онњо дар интихоби фанњо ва устодон вобаста ба сатњи дониши дар мактаби тањсилоти миёнаи умумї гирифтаи онњо аз љониби эдвайзер (рањбалад).

*таъмини сариваќти дониш-љўён (то оѓози дарсњо) бо маљмуи маводи таълимї - методї ва барномањои корї (силлабусњо) - и мукаммал аз фанњои тадрис-шаванда, ки дар онњо њама тала-боти устод аз донишљў ва услуби дарсгузарї бояд дарљ гардида бо-шад.

*тањияи саволномањо, тестњои санљишї, фењристи корњои мустаќилона ва меъёрњои бањодињї барои њар як мавзўи фанни таълимї аз љониби омўзгори дарсдињанда ва дастра-си донишљўён намудани шак-ли электронии онњо бо маќсади фароњам овардани шароит барои худсанљии сатњи дониш аз фанњои алоњида тавассути компютер.Дар охири нишаст муовини ав-

вали вазири маориф Ф.Рањимов иброз намуд, ки лоињаи Низомно-маи намунавї оид ба низоми кре-дитии тањсилот дар муассисањои тањсилоти олии касбии ЉТ баъди таѓийру иловањо ба мушовараи Вазорати маориф пешнињод кар-да шавад.

Эњсони ХУШБАХТ, “Омўзгор”

Низоми кредитї: дастовард ва мушкилот

Page 4: Omuzgor #46 2013

№ 46, 15 ноябри соли 20134 ОМЎЗГОР МАЪРИФАТ

Нахустин мактабњои шўравї мактабњои ягонаи мењнатї бо таълими нўњсола буданд, ки моњи сентябри соли 1918 ташкил шуданд.

ФИЛОСОФИЯ

Дар шањр, тибќи маълумоти куњансолон, 24 масљид вуљуд дошта-аст, ки аз онњо то имрўз як масљид – масљиди Сангин боќї мондааст. Њоло номи 19 масљиди мањвшуда (ба ѓайр аз Масљиди Сангин) барќарор шудааст. Дар Њисор 15 гузар мављуд будааст, ки вобаста ба номгўи масљидњои гузарї номи аксари онњо зикр шудааст: гу-зари Ќорихона, гузари Обдузд, гузари Ќўруќ ва гузари Љуњудон (Яњудиён)… Ба тасдиќи Гулшании Бухорої (асари љуѓрофии «Таъ-рихи Њумоюн», соли 1909), дар водии Њисор ва музофоти Дењнав афѓонњои фирорї, њиндуњо ва маљузњо (зар-душтиён) низ истиќомат мекардаанд. Дар асари муаррихи машњур, шо-дравон Ањрор Мухто-ров «Њисор» (китоби 2, Душанбе, нашриёти «Амри дил», 1999) ба истиноди асари Датаха-ев Н.Ю. «О бухарских

евреях» (Нью Йорк-Денвер, 1995) чунин оварда шудааст::

«Дар мулки Њисор яњудиён соњиби дўкон низ буда, њатто њамроњи дўкондорони мањаллї якљо савдо мекарданд. Масалан, аз рўи маъ-лумоти дар таърихи Њисор зикрёфта дўкони Хол ном шахс ба ду дўкони Аброми яњудї њафт танга андоз месу-пориданд.Дар Њисори Шод-

мон ба ѓайри яњудиёни муќимї, ки дар ин мулк зиндагї ба сар мебур-данд, яњудиёни тољир аз дигар шањрњои дур-даст ба ин љо ба корњои тиљоратї омаду рафт мекарданд.Илова бар ин,

яњудиёни сокини Њисор аз ин љо ба љойњои

дигар кўч баста, зодгоњашон Њисорро чун номи худ ё нисбат ќабул мекарданд. Дар Бухоро яњудиён бо на-саби «Њисориёнњо» зиндагї мекарданд, ки як замон аз Њисор ба Бухоро омада сокин гаштаанд. Мувофиќи шоњидии профессори яњудї байни яњудиёни Бухоро чунин њикмате маълум буд, ки онњоро аз мушкилии роњи раф-туомади байни Њисору Бухоро огоњонида меи-стод: «Аз Бухоро то Њисор – кўњњои бисёр».Овони Шўравї гуза-

ри яњудиён ба кўчаи ба номи Горкии шањраки Њисор кўчид, ки саро-сар аз ин ќавм иборат буд. Духтари сарта-рош Мушеев – Берта њамсинфи ман буд ва њоло дар Исроил су-кунат дорад. Ибтидои соли 1960 ањли гуза-ри яњудиён куллан аз Њисор ба Душанбе кўч бастанд. Ду устоди ман дар Донишкадаи омўзгории Душанбе

яњудї буданд. Яке Мо-шеев – методикаи за-бонро таълим медод, дигаре адабиётшиноси маъруф Юрий Бобо-ев, ки њоло дар Исро-ил зиндагї мекунанд. Њамкорам дар нашриё-ти «Ирфон» тарљумони маъруф – Мурдахай Бачаев баъди њиљрат ба ватани аљдодї бо тахаллуси «Мањбуб» чанд китоби ашъо-рашро чоп кунонид ва «Инљил»-ро ба тољикї гардонид, ки дар Сток-голм нашр шудааст. Умуман, яњудиёни бухорої дар пешраф-ти санъат, адабиёт ва тибби тољик сањми ар-занда гузоштанд.

Зафар ДЎСТОВ, собиќадори маориф,

ноњияи Њисор

БА ИФТИХОРИ 3000-СОЛАГИИ ЊИСОРИ ШОДМОН

Д б ў б

Яњудиёни Њисор

Оид ба ин масъала дар илми муо-сир чањор назарияи зер аз њама беш-тар мавриди ќабул ќарор гирифта-анд:

1.Пайдо шудани зиндагї аз олами ѓайризинда.

2.Назарияи Биогенез. Яъне аз љисми зинда пайдо шудани зиндагї.

3.Омадани «њаёт» ба Замин аз Кайњон.

4.Принсипи антропии инкишофи Кайњон.

1.Назарияи аввал, ки «Пайдо шу-дани зиндагї аз олами ѓайризинда» ном гирифтааст, хеле ќадимист ва за-моне дар Юнон, Чин, Миср, Бобул ва њатто, Шарќи Наздик пањн шуда буд. Тарафдорони ин назария, масалан, Анаксимандр чунин мењисобид, ки њаёт аз лойќаи бањр ба вуљуд омада-аст. Арасту низ бар он аќида буд, ки «заррањои муайяни ашё метавонанд, организми зиндаро пайдо намоянд». Ба њамин тариќ, аз хулосаи андешаи файласуфони фавќ чунин бармеомад, ки субстансия (нахустмодда) њамоно ашёи ѓайризинда дар мисоли чањор унсури азалї, яъне, об, хок, оташ ва њавост. Файласуф ва муњаќќиќи та-вонои Шарќи Ќадим Закариёи Розї (865-925) чизе ба гуфтањои пешиниён афзуда, панљ љавњарро асоси олам мешуморид; њаюло (нахустмодда), замон, макон, Офаридгор ва Рўњ. Ў мегуфт, ки «Чизњои љисмонї ба њељ ваљњ наметавонанд аз адам (нестї) пайдо шаванд. Раво нест, ки чизе ќоим ба зот аст, аз њељ пайдо ша-вад».

2.Назарияи Биогенез. Яъне, аз љисми зинда пайдо шудани зиндагї.Дар асрњои ХVI-XVII оимони

биолог Ван Гелмонд ва Франческо Редї дар асоси таљрибањои биологї ба хулосае омаданд, ки ба њар њол, њаёт аз субъекти зинда ба вуљуд омадааст. Ин чунин маъно дошт, ки зиндагї ба як бор аз љисми зинда ба вуљуд омада, абадиятро касб кар-дааст. Назарияи нав, ки «Биогенез» унвон ёфт, зоњиран назарияи пешин - «Пайдо шудани зиндагї аз олами ѓайризинда»-ро инкор намуд.

3.Назарияи «Омадани «њаёт» ба Замин аз Кайњон»Ин назария «Панспермия» ном

гирифтааст ва њељ гуна механизми пайдоиши њаётро бо таљриба исбот, ё пешнињод намекунад, балки дар шакли як постулат (тасдиќе, ки њанўз исбот нашудааст) арзи вуљуд карда-аст. Донишманди швед А.Аррениус чунин мењисобид, ки «Тухми њаёт ба Замин, эњтимол дорад, аз дигар сайёрањо партофта шуда бошад». Тибќи ин постулат тасдиќ карда шу-дааст, ки њаёт якчанд маротиба, дар ваќтњои гуногун дар гўшањои гуногу-

ни Кайњон метавонад ба вуљуд ояд.4. Принсипи антропии инкишофи

Кайњон.Ваќте ки дар бораи тањаввулоти

олами анљум сухан меронем, ба сари андешае меоем, ки инкишо-фи Кайњон ба самте равона карда шудааст, ки дар нињояти кор бояд мављуде мисли «инсони мутафак-кир» арзи вуљуд намояд.Аз ин рў, муњаќќиќон ду тарзи

шаклгирии принсипи фавќуззикрро дар миён гузоштаанд:

1.Принсипи заифи антропї.Вазъияти мо-инсонњо ва Кайњон

њамчунон аст, ки танњо дар якљоягї арзи вуљуд карда метавонем. Ќонунњои табиат ва пайдоиши Кайњон барои арзи вуљуд карда-ни мављуди зинда монеъ нахоњанд

шуд. Љавоб ба саволи он, ки «Чаро Кайњон мањз чунон сохта шудааст, ки бояд дар он мављуди зинда ба вуљуд ояд?» чунин хоњад буд, ки ин амал дар ибтидои ибтидо ба наќша ги-рифта шуда, ин њама муњити бузурге, ки моро ињота мекунад, њамчун «ша-роит» барои ба вуљудоии мављуди зинда ќаблан тарњрезї гардида буд. Аз ин љињат њам пешнињоде рўи кор омада, ки тибќи он на як Кайњон, балки кайњонњое метавонанд арзи вуљуд дошта бошанд, ки дар онњо маљмўи омилњои физикї тасодуфан љойгузин шуда, аммо барои пайдои-ши њаёт танњо дар яке аз гўшањои он шароит фароњам меояд. Принсипи заифи антропї тасдиќ менамояд, ки дар Кайњоне, ки ба гуфтањо дар муњити фазо ва ваќт беохир аст, ша-роит барои ба вуљудої ва инкишофи мављуди зинда, танњо дар гўшањои алоњидаи минтаќањои мањдуд ба ваќт ва фазо муњайё буда метавонад. Аз ин боис њам њељ љои њайрат надо-рад, агар мављуди зинда ошкор би-кунад, ки ўро дар шароите ба вуљуд овардаанд, ки барояш мувофиќ ва сазовор аст.

2.Принсипи ќавии антропї.Кайњон ногузир буд чунон сох-

та шавад, ки нињоят дар вай њаёт-мављуди зинда ба вуљуд ояд. Аз он љињат њам ин принсип аз принсипи заифи антропї фарќ мекунад, ки мувофиќи тавзењоти вай пайдоиши њаёт дар Кайњон на танњо мумкин аст, балки амрест вољиб.Чунин ба назар мерасид, ки

гузаштан аз њамаи саддњои ѓайримунтазира барои тањаввулоти муваффаќонаи олам, мисли нуклео-синтези космологї ва дар фарљом ба вуљуд омадани мављуди зинда та-моман ѓайри имкон аст. Лекин да-лел далел боќї хоњад монд. Яъне,

мављуди зинда ба њар њол ба вуљуд омад. Аз ин нуќтаи назар маълум мегардад, ки барои пайдоиши њаёт њанўз аз лањзањои аввали офариниш пешакї наќшаи даќиќ тартиб дода шуда буд.Зидди принсипи ќавии антропї

бањс кардан нашояд. Чунки дар њаќиќат, њамин тавр аст. Мо њам ит-минон меварзем, ки «Пайдоиши олам ва мављуди зинда» амале сарсарї, ё тасодуфї набуда, балки аз љониби Офаринанда ба вуљуд оварда шуда-аст. Ба ќавли Низомии Ганљавї:Ба њукми он, ки чун гардандае

њаст,Ба њар гарданда гардонандае њаст.Аз он чарха, ки гардонад зани пир,Ќиёси чархи гардонро њамегир.Вале ин љо саволе ба миён меояд,

ки «он гардонанда» кист?Имрўз олимон дар бораи

таѓироти инќилобии космология сухан мегўянд. Ошкор гардидааст, ки дар холигоњњои бузургњаљм ва тасвирнашавандаи миёни ситорањо ва туманнокињо чизе бо номи «Њастии пинњон» вуљуд дорад, ки ба љирмњои бузурги кайњонї таъси-роти эњсосшавандаи гравитатсионї мерасонад, аммо аз худ њељ гуна афканишот зоњир наменамояд. Яъне он дар телескопњо ва радарњо «дидашаванда» нест. Аз ин љињат њам ба ў «Њастии пинњон» унвон додаанд. Њаљми ин материя бояд шаш маротиба аз њаљми материяи муќаррарї бузургтар бошад. Барои њамин њам муњаќќиќон чунин анде-ша доранд, ки атрофи галлактињо ва абартуманнокињо мањз бо њамин «материяи тира»- «Њастии пинњон» фаро гирифта шудаанд. Њар кашфиёт, албатта, кашфиё-

ти дигареро аз пай меорад. Маълум гардид, ки «материяи тира» дорои «неруи тира», яъне «неруи нињон» низ мебошад ва инкишофи минбаъ-даи кайњон мањз ба њамин «неруи нињон» вобастагї дорад.Соли 1998 њангоми мушоњидаи

њодисањо дар атрофи ситораи на-впайдои навъи IA, ки 4 миллиард маротиба аз Офтоб равшантар аст ва аз Замин дар масофаи 5 милли-ард соли рушної воќеъ гардидааст, мунаљљимон бозёфти ѓайриинтизоре карданд: маълум шуд, ки ин ситораи бузург то рафт дуртару дуртар аз мо ќарор мегирад. Гўё касе онро аз мо дуртар тела медода бошад. Њол он ки мувофиќи ќонунњои гравитатсия, бояд ин њодиса хеле ба оњистагї рух медод. Баъди ин њодиса маълум кар-да шуд, ки Кайњон лањза ба лањза ва-сеътару фарохтар мегардад.

Дар ЧАРОгоњи «чуну чаро»(Консепсияи табиатшиносии муосир)

Ка

олсафишумаки

шада

њаарЌоКани

(Давомаш дар сањ.15)

Page 5: Omuzgor #46 2013

№ 46, 15 ноябри соли 2013 5ОМЎЗГОР МАВЗЎИ РЎЗ

Аз моњи январи соли 1919 таълими якљояи писарон ва духтарон љорї гардид.

АКСИ САДО

ДАР АРЗЊОИ ДЎСТЇ

Солњост, ки мутасаддиён ва корман-дони масъул дар бораи камбудињои номмонї ва ѓалатњои овезањои тарѓиботии шањру ноњияњо сухан мегўянд, вале њоло њам, чи хеле ки раи-си Кумитаи забон ва истилоњоти наз-ди Њукумати Љумњурии Тољикистон Д.Саймиддинов иброз доштааст, ќисмате аз номњо ва навиштаљоти овезањо пур аз ѓалат буда, суннати миллии моро ифода карда наметавонанд. Баъзе муассисањо бо саросемагї

номгузорї мешаванд. Њатто кас гумон мекунад, ки мутасаддиён њангоми ном мондан аз луѓатномањо истифода накар-да, маънои луѓавии вожањоро ба эъти-бор намегиранд. Агар ин тавр намебуд, мутасаддиёни як муассисаи бонуфузи шањри Душанбе, ки ба коркард, фурўши љавоњир ва тилловорї машѓуланд, му-ассисаашонро «Аќиќа» ном намегузош-танд. Дар «Фарњанги тафсирии забони тољикї» (љилди 1) омадааст: «Аќиќа –зиёфати номгузорї, ки дар њафтрўзагии кўдак барпо мешавад; Аќиќа кардан –расми аќиќаро ба љо овардан» (с. 51). Ба андешаи мо, мутасаддиён ин муасси-саро «Аќиќ», ки дар луѓатномањо чун як навъ санги ќиматбањои сурхранг ва зар-ди норинљї шарњ ёфтааст, ном нињодан мехостаанд, вале беэътиборї ба маънои луѓавии ин вожа мутасаддиёнро ба ѓалат андохтааст.Чизи дигаре, ки боиси ноњамворї ва

нољўрии забони тољикї дар навиштаљоти овезањои сершумори шањру ноњияњо гар-

дидааст, тарљумањои тањтуллафзї мебо-шад. Ваќтњои охир муассисањои навбу-нёд бо овезаи русии «Мы открылись» ва тарљумаи тањтуллафзии он – «Мо кушода шудем» љомеаро аз худ дарак медињанд ва дар сурати ќатъ кардани фаъолият овезањои «Мы закрылись» ва «Мо пўшида шудем»-ро мечаспонанд. Бояд гуфт, ки таркибњои «Мо кушо-да шудем» ва «Мо пўшида шудем» бо маънои аслї ва маљозии худ муроди-фи русиашонро комилан ифода карда наметавонанд ва як андоза хандаовар њам ба назар мерасанд. Ба андешаи мо, таркибњои мазкури русиро чун «Мо ба кор (ё фаъолият) шурўъ кардем» («Мо ба фаъолият пардохтем», «Мо фаъол шу-дем») ва «Мо фаъолиятро ќатъ кардем» («Хайр, муштарї!») тарљума кардан ба маќсад мувофиќ аст.Саида Набиева ќисми зиёди маќолаи

«Боз дар бораи имло»-ро ба мушкилињои имлои забони тољикї бахшидааст, ки ин бесабаб нест. Имлои забони тољикї чандин маротиба мавриди гуфтугў ва таѓирёбї ќарор гирифта бошад њам, њанўз батамом такмил наёфтааст. Аз љумла, охирин таѓироте, ки ба имло да-роварда шуд, ба фонемаи «ў» дахл до-рад. Бояд гуфт, ки дар имлои нав сухан аз даст кашидан аз «вови маљњул» мера-вад, ки он аксаран дар калимањои арабї пеш аз њарфњои «њ» ва «ъ» меояд ва му-тахассисон бар онанд, ки калимањои ара-биеро, ки дар хатти арабиасоси тољикї бе «вов» навишта мешаванд (чун)

бо «у» навиштан зарур аст: шуњрат, суњбат, шуъба, шуъла, муњтољ, муњтарам, муътабар, муъљиза… Аммо калимањои арабие, ки дар онњо пеш аз њарфњои «њ» ва «ъ» «вов» навишта мешавад, њарфи «ў» истифода мегардад: (шурўъ), (шурўњ), (мавзўъ), (рўњ)… Аммо дар матбуоти даврї ва мактабњои миёнаву олї ин масъала то њол њалли худро наёфтааст. Ба фикри мо, ин дарњамбарњамї аз дуруст дарк накар-дани моњияти меъёри муќарраргардида мебошад. Шояд, меъёрњои навишти «у» ва «ў» ва фењристи навишти «у» бар ивази «ў» пеш аз њарфи «њ» ва аломати «ъ», ки дар рўзномањои «Љумњурият» (5 сентябри соли 2012) ва «Омўзгор» дарљ гардида буд, ба зумрае аз алоќамандон дастрас нагардида бошад? Дар маќолаи «Боз дар бораи имло» муаллиф аз чопи «Фарњанги имло» башорат додааст. Ло-зим аст, ки ин асар китоби рўйимизии њар як муаллим, мухбир ва умуман, њар як шахсе, ки бо ќалам сари кор дорад, ќарор гирад, то дар зарурат шакли дуру-сти навишти њар калима санљида шавад.Мо аз бепарвої ё камњавсалагї на

танњо ба ќоидањои нави имло, њатто ба

ќоидањое, ки солњо боз љорї мебошанд, беэътиної зоњир мекунем ва дар на-вишту гуфтор онњоро ба эътибр наме-гирем. Аз љумла, шакли навишти навъи калимањое, чун хатогї, зебогї, дорогї, доногї, сањрогї мувофиќи ќоидањои имлои забони тољикї ѓалат аст. Ќоидаи имло таќозо дорад, ки агар калимањо бо садоноки «о» анљом ёбанд, пасванди «ї» ќабул мекунанд, на пасванди «гї». Аз ин рў, калимањои боло бояд дар шакли зебої, дорої, доної, сањрої навишта ша-ванд. Њанўз донишманди зиндаёд устод Муњаммадљон Шакурї дар китоби «Њар сухан љоеву њар нукта маќоме дорад» (Душанбе, 1985) ба ин масъала дахл кар-да, «хатогї» хатост» гуфта буд. Вале то њол дар гуфтугў ва баъзан, дар воситањои ахбори умум чунин вожањо дар шакли ѓалати ошногї, зебогї, норасогї …(ба љойи ошної, зебої, норасої…) истифо-да мешавад.

«Њатто, агар калимае, иборае ва ё љумлае ба назар андак шубњаовар на-мояд, онро бояд ба муњокимаи умум монем ва моњияти онро муайян кунем», - гуфтааст дар асари номбурда устод Шакурї. Масалан, чанд сол пеш кали-маи нисо (маънои луѓавиаш занњо) дар шакли ѓалати ниссо навишта мешуд ва њатто калимањои мураккаб бо исми нисо дар шакли Зебуниссо, Тољиниссо дарљ мегардид. Солњои охир љойи онро тарзи дурусти навишт – Зебуннисо, Тољиннисо (ташдид гирифтани њарфи «н» ба ќоидаи муносибати артикли «ал» ба њарфњои шамсии алифбои форсї вобастагї до-рад) гирифт. Вале боз ягон-ягон рў за-дани шакли навишти ѓалати Зебунис-со, Тољиниссо боиси нигаронист (ниг. ба: Гулмоњи Шозиёї. Симои зан дар эљодиёти бонувони насрнавис// Садои Шарќ.-2013. -№8.-С. 122.).Боз оммавї шудани як ѓалати дигар-

ро низ ќайд кардан лозим аст. Дар забон ќоидае њаст, ки: «Агар исм бо шуморањои миќдорї ояд, одатан пасванди љамъбандї ќабул намекунад, чунки худи шуморањо нишондињандаи миќдори муайяни предметњо мебошанд» («Забони њозираи тољик». Ќ. 1, 1973. - с.128.): панљ одам, сад китоб, дусад дафтар… Исм дар сурати бо нумератив ва калимањои миќдору дараља омадан њам баъди шумораи миќдорї дар шакли танњо меояд: дуто китоб, панљ дона себ, дањ љилд асар, сад бех нињол… Дар ин њолат танњо исмњои ифодакунан-даи шахс њам дар шакли танњо ва њам дар шакли љамъ омада метавонанд: ду до-дар – ду додарон, панљ соњибкор – панљ соњибкорон… Мутаассифона, имрўз чи дар нутќи хаттї ва чи дар нутќи шифоњї, ѓолибан, исм баъди шумора дар шакли љамъ истифода мешавад: ба китобхона ду њазор китобњо супурда шуд; дар хољагї

се њазор гўсфандон парвариш меёбанд… Бояд гуфт, ки чунин ѓалатхонї ва

ѓалатнависї дар муносибати шумораи миќдорї бо исм пештар кам буд, аммо оњиста-оњиста ривољ ёфт, ба дараљае ки имрўз пешгирии он басе душвор шуда-аст. Ин њолат байти Шайх Саъдиро ба хотир меоварад:Сари чашма шояд гирифтан ба бел,Чу пур шуд, нашояд гузаштан ба пил.Забон дастоварди љомеа мебошад ва

барои тозагиву беолоишии он бояд та-моми ќишрњои љомеа талош варзанд. Мутаассифона, мардуми мо дар ин масъ-ала бештар мавќеи бетарафиро мегиранд ва барои ислоњи ѓалату камбудињое, ки њамвора аз тарафи мутасаддиёну мута-хассисон ишора мешаванд, кўшиш њам намекунанд. Аз замони маќоми давлатї гирифтани забони тољикї 23 сол сипарї гардид, вале њоло њам бо забони олуда гуфтугў мекунем. Ин вазъи номатлуб, махсусан, њангоми муоширати мусо-фирон дар наќлиёти мусофиркаш ба мушоњида мерасад. Бисёр мусофирон ба ронандагон чунин мурољиат мекунанд: «Дар пешеход (ба љойи роњрав) манъ ку-нед»; «Дар таги мост (ба љойи купрўк ё пул) нигоњ доред»; «Дар назди поворот (ба љойи гардиш) истед» ва ѓ. Дар ди-гар мавридњо њам чунин њолатњои ногу-вор мушоњида мешавад. Масалан, дар ошхонањо, ваќте ки кас аз пешхизмат овардани шарбатро таќозо мекунад, ў њайрон мешавад ва муштарї маљбур аст, ки муродифи русии он – сокро ном ба-рад. Дар њаќиќат, ислоњи гуфтори мардум

басо душвор аст ва он ба сатњи маъри-фат, хештаншиносї ва ифтихори миллии одамон вобаста аст. Имрўзњо муоширати одамон зиёдтар ба воситаи телефонњои њамроњ сурат мегирад ва баъзан дар љойњои љамъиятї тавассути телефонњо чунон суханњои ќабењ гуфта мешавад, ки кас хиљолат мекашад. Ё худ баъди анљоми гуфтугў мусоњиб «хай, давай» гўён хайру-хуш мекунад, њол он ки таркибњои хубу дилнишини хайрухуш, чун дар паноњи Худо, паноњат ба Худо, Худо њофиз, то боздид вуљуд доранд, ки истифодаи онњо ба кас њаловат мебахшад.Оре, забони гуфтор ва навиштори

мо њанўз ниёзманди таѓиру такмил ме-бошад ва ин њолати ногуворро танњо бо њамдастї ва талоши якљоя ва эњсоси баланди ватанхоњиву миллатдўстии шањрвандон рафъ кардан лозим ме-шавад. Саида Набиева масъалаи басо муњимро ба миён гузоштааст ва месазад, ки ба воситаи њафтаномаи «Омўзгор» ва дигар рўзномањо бањси судманде ба миён ояд.

Аламхон КЎЧАРОВ, профессори ДМТ

Њифзи забон вазифаи љомеа аст

Солњост, ки мутасаддиён ва корман-

дишнёвакумф«МБдамфнањатакофде(«м

«Биминчатањаљурора

Њамсуњбатони ман Додопарпї Сангинов, донишљўи курси аввали факултети технология, Ќобилљон Наврўзов, донишљўи курси дую-ми факултети забони англисї ва Рустам Љабборов донишљўи курси дуюм факултети таърихи ДДОТ ба номи С.Айнии шањри Душанбе.

- Мо оид ба зиндагї, урфу одат ва анъанањои миллии тољикони Учќурѓони Љумњурии Ќирѓизистон маълумоти кофї дар даст дорем. Бо-

иси хурсандист, ки љавонони тољики Ќирѓизистон майлу хоњиши дар Тољикистон тањсил кардан доранд. Мегуфтед, ки зиндагї ва тањсили шумо дар Тољикистон чї тавр сурат мегирад?Д.Сангинов: - Ман му тавал-

лиди дењаи Њайдаркони ноњияи Ќадамљои вилояти Боткент њастам. Хоњарам Зарина донишљўи соли 3-юми факултети филологияи тољики ДДК ба номи академик Б.Ѓафуров аст. Мо њарду хатмкар-даи мактаби №7-и ба номи Фир-давсии дењаи Њайдаркон њастем. Аксарияти омўзгорони ин мактаб донишгоњњоро ё дар Хуљанд ё дар шањри Душанбе хатм кардаанд. Мо тариќи квота ба хондан ома-даем.Дар ДДОТ мо чанд нафарем.

Ќобилљон Наврўзов ва њамдењаи ў Рустам Љабборов аз дењаи

Андараќи ноњияи Лайлаки вилоя-ти Боткент.Ќ.Наврўзов: -Ман мактаби

раќами яки дењаи Андараќро хатм кардам. Мехоњам дар оянда донандаи хуби забони англисї шавам.Р.Љабборов: - Ман хатмкардаи

мактаби раќами 2-и дењаи Андарак. Муњаќќиќи риштаи таърих шуда-ниам. Андараќи мо њам як гўшаи хоки тољикон аст. Дењаи мо дар байни сокинони шањрњои Хуљанду Конибодом ва Исфара маълум буда, аз чор се њиссаи ањолии онро тољикон ташкил медињад. Дар дења мактаби миёна њаст.

- Шароити тањсилатон чї тавр аст, идрорпулии донишљўї мегиред, аз лињози забон чї мушки-лот доред?

- Хуб аст. Агар устодон камбу-ди забониро дар суњбатњову зим-

ни дарсњо дар гуфтугузори мо пай баранд, ислоњ мекунанд. Бароба-ри дигар донишљўёне, ки тибќи квота тањсил мекунанд бо хобгоњ таъминем. Идрорпулиро сариваќт мегирем…

- Дар оянда чї наќшањо доред?Ќ. Наврўзов: - Мехоњам

тањсилро дар зинаи магистр идо-ма дињам.Р.Љабборов: - Нияти дар аспи-

рантураи донишгоњ хондан дорам.Д.Сангинов: – Њаваси соњибкори

сохтмон шудан дорам. Ихтисоси интихобкардаамон барои расидан ба ин орзу мувофиќат мекунад.Бояд гуфт, ки Љамъияти

тољикони Ќирѓизистон, ки 15-уми ноябри соли 1993 таъсис шудааст, дар тањкими дўстї ва равобити тољикони бурунмарзї ва пайван-дашон бо Тољикистон сањми бу-зург мегузорад.

С.ИСКАНДАРОВ, «Омўзгор»

Љамъияти 20-сола

Page 6: Omuzgor #46 2013

№ 46, 15 ноябри соли 20136 ОМЎЗГОР ФАЪОЛИЯТ

Солњои 1921-1922 комиссияњои илмї барои навиштани китобњои дарсї ба забонњои миллї ташкил шуданд.

Донистан ва омўхтани за-бони тољикї дар њамаи соњањои фаъолият зарур аст. Пас, равшан мегардад, ки забони тољикї воси-таи муњими таълими њамаи фанњо мебошад. Яке аз хусусияти махсу-си забон он аст, ки ба василаи он фанњои дигар омўхта мешаванд.Объекти омўзиши забони

тољикї худи забон аст. Љои таъ-кид аст, ки забон ба тафаккур ро-битаи ќавї дорад. Забон хусусия-

те дорад, ки ќобилияти тарвиљу љамъбасткунии омўзандагонро инкишоф медињад. Ба маќсди амалї гардондани нуктањои зик-ршуда сифати таълими дарсњои забонро ба куллї баланд бар-доштан лозим аст, то ба талабу дархостњои замон љавоб дињад. Вазифаи таълими забони

тољикї дар мактабњои миёна ва олии касбї аз он иборат аст, ки:а) ба хонандагон аз забони

тољикї дониши муайян дињад ва мањорату малакаи дар амал ис-тифода бурдани он донишњоро омўзонад;б) риояи ќоидањои имло,

аломатњои китобат, њуљљатнигорї ва иљрои дигар ќонуну ќоидањоро ба низом дароварда, мањорату ма-лакаи онњоро тањким бахшад;

в) мањорат ва малакаи дуруст баён кардани фикрро дар њар ду шакл: њам шифоњї ва њам тањрирї (хаттї) таъмин созад; риояи имло,

услуб, маданияти нутќро дар зењнашон устувор намояд;г) хонандагонро бо асосњои

илми забон: овошиносї, калимасозї, луѓатдонї, грамма-тика мусаллањ гардонад: ѓ) хонандагонро ба муста-

ќилона дониш андўхтану тањлил карда тавонистан, истифодаи ду-русти интернет водор сохта, ба онњо тарзу тариќаи мутолиаи суд-манди китоб ва малакаи дурусту ифоданок ќироат кардану фањми мазмун кардану рўи сањфа овар-дани фикрро кафолат дињад.Маводи забони тољикї ба

тариќи зайл тасниф шудааст: иб-тидо хонандагон оид ба масъа-лаи: моњият ва табиати забон, овошиносї, имлои њиссањои нутќ, аломатњои китобат, кали-ма ва калимашиносї, фарњангњо, услубњои нутќ ва њуљљатнигорї маълумоти назариявї ва амалї пайдо мекунанд.

Омўзгорро лозим аст, ки дар таълими забони тољикї масъалањои назариро бо амалї якљоя таълим дињад, дар таълим бештар ба љињати амалии забон таваљљуњ зоњир намояд. Принсипи ба фањмиши хонандагон мувофиќ будани маводро таъмин намояд. Маълумоти назариро бояд хо-

нандагон дар фаъолияти амалии хеш татбиќ намоянд. Аз ёд дони-стани назарияе, ки онро дар ама-лия татбиќ карда наметавонанд, зарурат надорад. Бояд хонанда-гон њангоми тањлилу муќоисаи њодисањои забонї назарияи омўхтаашонро амалан истифода бурда тавонанд. Яке аз корњои муњими таълими забон ташакку-ли нутќи хаттї мебошад. Донишу мањорат ва малака дар натиљаи иљрои машќ ба даст меояд. Дар ташаккули дониши имлої бошад, пай дар пай ва мунтазам гуза-ронидани корњои амалї наќши

муњимро дорад.Омўзиши њар як фасли за-

бони тољикї дар асоси самт ва маќсадњои зерин ба амал баровар-да мешавад:Самти аввал ба хонандагон

тарзи дурусти талаффуз, меъё-ру тарзњои калимасозї, ибораю љумласозиро ёд додан зарур аст.Самти дуввум - ѓанї гардони-

дани захираи луѓавї ва шиносої ба сохтори грамматикии забон.Самти саввум - инкишофи

нутќи мураттабу ташаккули мањорат ва малакаи тањрир карда тавонистан.Азбаски љомеаи кунунї ба шо-

гирдони раќобатпазири бозори љањонии мењнат донандаи њама гуна муносибатњои иќтисоди бозаргонї эњтиёљ дорад, за-рур аст, ки барои хонандагон пањлўњои наву мураккаби имло таълим дода шавад.

Холмањмад ТЎРАЕВ, раиси иттифоќи касабаи КВД

«Комбинати полиграфии шањри Душанбе»

Имло, услуб ва маданияти нутќАНДЕША

Донистан ва омўхтани за-

тљиарздд

то

тм

Донишкадаи поли-техникии Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик Муњаммад Осимї дар шањри Хуљанд бо маќсади сањм гу-зоштан ба эъмори давлати демократї, њуќуќбунёд ва дунявї фаъолияташро дар самти тарбияи мута-хассисони касбї ва мутобиќ ба шароити рўз идома медињад. Тањкими заминањои моддию техникї ва илмии донишкада, таъмини озмоишгоњњо бо таљњизоти муо-сир аз вазифањои аввалиндараљаи раёсати донишкада ба њисоб меравад. Ба ин хотир, як сол мешавад, ки дар назди донишкада парки технологї амал меку-над. Бо таъсиси парки мазкур донишкада таво-нист ба истењсоли тахтаи электронии худї, ки таъминоти барномавии тахтањо низ аз тарафи кормандони донишкада сохта шуда, он пурра бо забони давлатї мебошад, шуруъ кунад. Алњол беш аз 100 тахтањои электронї дар синфхонањои донишкада васлу насб шуда, аз он њам устодон ва њам донишљўён васеъ истифода мебаранд. Донишкада имкон дорад, ба мактабњои олї, миёнаи махсус ва умумї ин гуна тахтањоро дар ќиёс аз бозор арзон ба фурўш барорад. Дигар аз мањсулоти парки технологї либосњои ши-наму зебои мактабї бо тарзи дўхти муосири стандартї мебошад, ки алњол муштариёни зиёд пайдо кардааст.Аввалин шуда дар Осиёи Марказї дар ДПДТТ

ба номи академик Муњаммад Осимї дар шањри Хуљанд системаи ягонаи иттилоотї аз тарафи кормандон ва донишљўён бе љалби мутахасси-сони беруна сохта шудааст. Системаи идораку-нии иттилоотї дар шабакаи ягонаи компютерї амал карда, њамаи биноњо, воњидњои маъмурї

ва таълимии сохториро, ки дар ќисмњои гуно-гуни шањри Хуљанд љойгир шудаанд, муттањид месозад. Аз рўи натиљањо 34 шањодатномаи зењнї гирифта шуд. Ин имкониятњо бо модели G2C (њукумат ба њукумат)-и њукумати электронї мутобиќат мекунанд. Бояд гуфт, ки тадбирњои дар система амалї гардонидашуда ба роњёбии аломатњои коррупсионї дар раванди таълим роњ намедињанд. Дар донишкада беш аз 900 адад компютер

њаёт, ки ин ба њар 2,9 донишљў як компютер рост меояд. Донишкада аз рўи ин нишондод дар бай-ни мактабњои олии љумњурї љои аввалро ишѓол мекунад. Њамаи синфхонањо бо мултимедиа - проекторњо љињозонида шудааст.

Раёсати донишкада аввалин шуда дар миќёси кишвар китобхонаи раќамиро ба роњ мондааст. Акнун донишљўи донишкада метавонад, дар хона њам бевосита аз китобхонаи раќамї исти-

фода барад. Ин тадбир барои онњое, ки тариќи тањсилоти фосилавї таълим мегиранд, хеле ќулай аст. Яке аз омилњои баланд бардоштани сифати

таълим ва дараљаи азхудкунии дониш ташкили лабараторияи забонњо мебошад. Њоло 8 лабора-торияи лингвистикаи компютерї ва барномањои мукаммали забономўзї дар хизмати муњассилин ќарор дорад.Дар донишкада анъанаи наљибе рўйи кор ома-

дааст, ки донишљўёни фаъоле, ки бо лоињањои инноватсионии худ дар рушди имконот ва технологияњои иттилоотии ватанї сањм мегузо-ранд, сазовор ќадрдонї мешаванд. Донишкада бо зиёда аз 50 донишгоњи љањон

созишнома дорад. Дар ин асос барномањои ма-гистратура, аспирантура ва тадќиќоти самтњои гуногун омўхта мешавад.Њамин тавр, љомеаи мењнатии устодону

шогирдон боргоњи илму маърифат дар иљрои Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи пар-ки технологї” сањми арзанда мегузорад.

Нуъмон РАЉАБЗОДА, Абдусабури АБДУВАЊЊОБ

ПАРКИ ТЕХНОЛОГЇ

БУЗУРГДОШТ

ИФТИХОР

Ќадаме ба сўи љањони мутамаддин

Донишкадаи поли-

вгмзGмдар

њмнмп

кАх

Аз соли 1995 дар шањри Хуљанд фа-ъолияти хешро дар мактаби раќами 9 ба сифати муаллимаи таъ-риху љомеашиносї давом дода, дар озмуни «Му-аллими сол» дар соли 1998 сазовори љои дуюм гардидааст. Дар озму-ни омўзгорони эљодкор дар вилояти Суѓд соли 1999 љои аввалро ишѓол намудааст, маќолаю дастурњои методии муаллима борњо дар рўзномаю маљаллањо чоп шуда-анд. Аз тарафи муаллима роњнамои таълим барои синфи 8 аз фанни «Таърихи халќи тољик» чоп ва да-страси хонандагон гардонида шуд. Зайнура Шокирова аз соли 1998

дар литсейи муштараки тољикї –туркии шањри Хуљанд кор меку-над. Дар давоми 15 соли кории худ дар литсей ў њамчун омўзгори бои-стеъдод, соњибтаљриба, донандаи

касби худ шинохта шуд. Шогирдони ў солњои зиёд дар озмунњои фаннии љумњуриявї иштирок намуда, ба гирифтани љойњои ав-вал сазовор гардида-анд. Соли хониши 2000 – 2001 толибил-монаш Д.Њољибеков, М . Н е ъ м а т о в , П.Мўњсинова дар озму-ни љумњуриявї аз фанни таърихи халќи тољик са-

зовори љойи якум гардиданд. Соли 2007 дар озмуни љумњуриявї аз фанни асосњои давлат ва њуќуќ шо-гирди ў Мањмуд Фозилов ѓолибият ба даст овард. Соли хониши 2011-2012 шогирди дигари муаллима Эшонќулов Фаридуншоњ аз фанни таърихи халќи тољик дар озмуни љумњуриявї сазовори љои дуюм гардид.

Нуъмон РАЉАБЗОДА,Мавлуда РЎЗИЕВА

Бо шогирдонаш мефахрад

Љашнњои фархундаи миллї: 22-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, Рўзи Рўдакї, Мавлоно ва Рўзи забони тољикиро дар ин даргоњи маърифат муаллимону шогирдон бо шукуњу шањомати хос таљлил намуданд. Аз љумла, бахшида ба бузургдошти Рўзи забони тољикї дар сањни мактаб парда аз рўйи лавња-муљассамаи Одамушшуаро устод Абўабдуллоњи Рўдакї, ки онро рассоми чирадасти мастчоњї Асро-ри Ањрориён офаридааст, бардошта шуд. Ба ин муносибат мањфили ада-бию фарњангї баргузор гардид, ки дар он ањли сухан, аъзои Иттифоќи нависандагони Тољикистон Олимхон Исматї, Маликнеъмат ва Љўра Юсуфї ширкат варзида, дар васфи забони форсии тољикї шеърњо хон-данд. Хонандагон хотири њозиринро бо ќироати ашъори ноби адибони тољик шод намуданд.

Нуъмон РАЉАБЗОДА, «Омўзгор»

Муљассамаи Одамушшуаро дар мактаб

Page 7: Omuzgor #46 2013

№ 46, 15 ноябри соли 2013 7ОМЎЗГОР ОМЎЗИШ

Соли 1918 дар ќисми шимоли Тољикистон 15 мактаби шўравї ташкил ёфт.

ФАЪОЛИЯТ

Бандаро ба вазифаи му-дири шуъба таъйин намуда, корро бо мутахассиси техно-логияи мењнат Г.Мухторова, мутахассиси варзидаи фанни тарбияи љисмонї Л.А.Губанова ва мутахассиси санъат С.Сатторов оѓоз намудем. Баъ-ди шиносої бо вазифањои худ ба хулосае омадам, ки рисолати аввалиндараљаи кормандони ил-мии шуъба омўзишу пажўњиш, мураттабсозии стандартњои таълимї, барномањои фаннї, китобњои дарсї ва дастурњои методї ба њисоб меравад. Са-раввал, њангоми шурўи кор бо мушкилињои зиёде рў ба рў ме-шудем, зеро оѓози њар кор душ-вор аст. Хушбахтона, бо мада-ди марди наљибу худшинос ва ватандўст, устоди хирадманд, доктори илмњои педагогї, узви вобастаи Академияи тањсилоти Тољикистон, профессор Хайруллоњи Авзал (рўњашон шод бод!) мушкилињои пешо-мада давра ба давра паси сар мешуданд. Воќеан, фаъолия-ти илмї-педагогии устод дар соњаи мактабу маорифи тољик хеле назаррас аст. Эшон илму

донишомўзиро сарчашмаи та-шаккули инсонї њисобида, дар асараш «Таърихи педагогикаи тољик» (2002) чунин меафзояд: «Аз бар кардани илму дониш яке аз воситањои муњимест, ки инсонро аз љањолату хурофотпарастї рањої дода, ба бедории сиёсї – озодихоњии ў кўмак мерасонад». Шодравон Хайруллоњ

Авзалов доимо ба тарбияи ватанпарастї, мењнатдўстї, зебоипарастї ва солимии рўњию љисмонии хонандагони мако-тиби тањсилоти миёнаи умумї ањамияти хоса медоданд, таъ-лими фанни омодагии дифои њарбиро асоси тарбияи афроди ватандўсту худогоњ ва солиму бардам медонистанд. Устод маслињатгару

роњнамои њама кормандон бу-данд, њамеша моро рўњбаланд намуда, барои пешбурди соња кумаку ёрии хешро дареѓ наме-доштанд ва кўшиш менамуданд, ки корњои тањќиќотии ходимони илмии шуъба доимо дар сатњи баланд анљом ёбад ва хонанда-гони макотиби тањсилоти миёна љисману рўњан солим ба камол расанд. Мо низ аз кўшишњои устод илњоми тоза гирифта, барои хубтар анљом бахши-дани масъулияти хеш бештар мекўшидем.Фанни омодагии дифои

њарбї дар мактабњои тањсилоти

миёнаи умумї яке аз фанњои ањамияти муњими сиёсидошта ба шумор рафта, дар ташак-кулу тафаккури ватанпарастї, худшиносии миллї, зиракии сиёсї, љасурї ва далерии хонан-дагон мавќеи хосаро дорост. Ин омўзиш бањри тайёр намудани хонандагон ба риояи ќоидањои бехатарии њаёт, њимояи инсон њангоми њолатњои хавфноку фавќуллода, аз худ намудани донишњои њарбї, асосњои хиз-мати њарбї, асосњои донишњои тиббї, расонидани ёрињои ав-валин, риояи тарзи њаёти солим ва њимояи Модар-Ватан равона

мегардад. Айни замон барнома, кито-

би дарсї ва дастурњои методї оид ба фанни омодагии дифои њарбї дар ихтиёри роњбарони њарбии мактабњои тањсилоти ми-ёнаи умумии љумњурї ќарор до-рад, то онњо тавонанд аз он дар љараёни њар як машѓулият бањри тарбияи њарбї-ватанпарастии хонандагон самаранок истифо-да баранд.Давоми солњои сипаригашта

бањри судманд љараён гириф-тани таълими фанни омодагии дифои њарбї барои роњбарони њарбї 5 дастури методї ва зиё-

да аз 40 маќолаи илмию методї ба табъ расонида шудааст, ки доир ба масоили гуногуни педагогию психологии соњаи маориф, таълими фанни омо-дагии дифои њарбї ва тарбияи њарбї- ватанпарастии синфњои болої бахшида шудаанд. Айни замон Стандарти давлатии фан-ни омодагии дифои њарбї барои синфњои 10-11тањия шуда ис-тодааст. Таълими фанни тарби-яи љисмонї низ дар мактабњои тањсилоти миёнаи умумї бо кўшиши мутахассиси варзидаи соња Л.А.Губанова ба як ќатор пешравињо ноил гардидааст. Барнома, китобњои дарсии тар-бияи љисмонї барои синфњои 1-11 ва дастурњои методї оид ба ин фан тайи се сол мешавад, ки барои таълими хонандагони мактабњои тањсилоти миёнаи умумии љумњурї мавриди исти-фода ќарор доранд.Оид ба таълими фанни суруд

ва мусиќї дар шуъба нафарони зиёде њамчун ходимони илмї фаъолият доранд. Хулоса, фаъолияти кор-

мандони илмї айни замон дар Пажўњишгоњи рушди маориф оид ба таълими фанњои тех-нологияи мењнат, суруд ва мусиќї, тарбияи љисмонї ва омодагии дифои њарбї дар мактабњои тањсилоти миёнаи умумї босамар идома дорад. Умедворем, ки натиљаи фаъо-лияти мо ба ташаккули шах-сияти хонандагони мактабњои тањсилоти миёнаи умумї таъ-сири хуб мерасонад.

Ќурбоналї ЗИЁЕВ, ходими пешбари илмии

шуъбаи тањсилоти миёнаи умумии ПРМ

Аз таърихи як шуъбаБа истиќболи 80-умин солгарди Пажўњишгоњи рушди

маорифи Академияи тањсилоти Тољикистон

ТАКМИЛ

«Ќобуснома» («Насињатнома» њам мегўянд) љанбаи ќавии тарбиявї дорад ва диќќати мардуми љањон, аз љумла, халќњои турку тотор, олмону англис, арабу рус ва ѓайраро ба худ љалб на-мудаасту имрўз метавон тарљумањои гуногуни онро ёдовар шуд. Дар асар масъалаи тарбия намудани фарзанд, бахусус, тарбияи духтарон љойгоњи махсус дорад. Ба ин маънї метавон ба бобњои 5, 14, 26, 27 в 29-и асар таваљљуњ кард. Дар ин бобњо масъалањои тар-бияи фарзанд, эњтироми модар, ишќ варзидан, зан хостан ва монанди инњо мавриди баррасї ќарор гирифтаанд. Аќидањои муаллиф оид ба занону дух-тарон дар њикоятњои бобњои мазкур хеле хуб ифода ёфтаанд. Ќаблан бояд гуфт, ки бо таъсири

ислом дар љамъияти асримиёнагии кишварњои исломї нисбат ба занон фикру мулоњизањои љоњилонае мављуд будаанд ва дар ин замина занонро беш-тар дар вазъи асирию ѓуломї нигоњ медоштанд.Њамин аст, ки Унсурулмаолии Кай-

ковус њамчун фарзанди давр аз таъсири аќоиди мазкур комилан озод набуда-аст. Вале њаќиќати зиндагї, сарчаш-маи њаёт будани зан, бо кору кирдор ва

њусну љамол гуворо гардонидани њаёт ва дигар хислатњои наљиби онон хуло-саи фикру аќидањои муаллифи асарро таѓйир додаанд. Наќши зиндагисо-зи занон Кайковусро водошта, ки ба њаќиќати њаёти иљтимоию љамъиятии онњо амиќ бингарад ва фикрњои љолибе бар манфиати фардо иброз намояд.Муаллиф, пеш аз њама, ба масъа-

лаи тарбияи духтарон диќќати пада-ру модаронро љалб намуда, нисбат ба онон баъзе рафторњои эњтиромона намуданро талаб карда, хотирнишон мекунад, ки табиати духтаракон хуш-гуфторию нозукрафториро аз мураббї дархост менамояд. Шояд ин гуна та-лаботи Унсурулмаолї асосан аз он љињат ба амал омада бошад, ки духта-рон, њатто, дар хонаи волидайн худро њамчун асирон њис мекарданд. Аз ин рў, муаллиф нисбат ба духтарони хеш бо мењру шафќат ва ѓамхории махсус рафтор намудани падару модарро яке аз вазифањои аввалини тарбияи онњо медонад:

«Агар фарзанд духтар бошад… ва то дар хонаи ту бошад, мудом бар вай ба рањмат бош, ки духтаракон асири падару модар бошанд».Унсурулмаолии Кайковус њудуди

таълими духтаронро муайян намо-яд њам, тарафдори он аст, ки баъд аз тарбияи давраи кўдакї онњоро барои омўхтани илмњои замон бояд сафарбар кард: «Агар фарзанд духтар бошад, ўро ба доягони мастураи некўпарвар бисупор ва чун бузург шавад, ба муал-лима дењ».Муаллифи «Ќобуснома», њамчунон,

ба масъалаи аз љониби падару модарон њал намудани таќдири ояндаи духта-рон ањамияти љиддї медињад. Ба анде-шаи дурусти вай, њар як падару модар

набояд духтари худро гирифтори обу оташ кунанд ва пойбанди бењуќуќии за-мона гардида, эшонро ба шахси нолоиќ њамхона намоянд: «Агар духтар дўшиза бошад, талаби домоди дўшиза кун, то зан дил бар шўй бибандад ва шўй низ дар зан доштан бикўшад ва аз љонибайн созгорї бошад».Унсурулмаолии Кайковус ба

рўшноию шираву шарбати зиндагї бу-дани зани нек, соњиби мењри беинтињо будани вай ва бо мавќеи дар њаёт ишѓолкардааш њастиро садчандон дил-рабо гардонидани зани солења иќрор шуда, менависад: «Зани нек офияти зиндагонї бувад».Зан на танњо офияти зиндагонї,

балки фардест, ки дўстии байни мар-думро мустањкам намуда, барои ба њам наздикшавї мусоидат менамояд. Му-аллифи «Ќобуснома» њамин њаќиќатро пай бурда, аввалан, ба фарзандаш ва сониян, дар њамин замина ба дигарон ишора менамояд, ки: «Зан аз ќабилаи дигар бихоњ, то бегонагонро хеш карда бошї!»Дар роњи хонадорї, ба андешаи Кай-

ковус, на танњо покдоманию некўии зан, балки хушахлоќию рафтори поки мард низ заруру њатмист. Аввалин шарте, ки ў сабаби бунёд шудани оилаи хушбахту солим мепиндорад, дудилаю дукиса набудани мардон мебошад. Ў таъкид мекунад фарзандонро, ки: «Бо аёли худ дудилу дукиса мабош!».Яке аз сабабњои бадбахшии оила

мумсикї ва чашмгуруснагии мард аст. Њар ќадар мард аз банди мумсикї рањо ёбад, њамон ќадар оила ва худро хуш-бахт кунонида метавонад. Ба гуфти Унсурулмаолии њакиму донишманд, «Агар чиз азиз аст, аз зану фарзанд азизтар нест ва чизи худ аз зану фар-

занд дареѓ мадор».Рашк бар зани порсо нашояд, зеро:

«Агар занро рашк намої, аз њазор душман душмантар бувад ва аз душ-мани бегона њазар тавон карду аз вай натавон».Дар ин китоби саросар панду њикмат

ба наврасону љавонон сањми зан дар давлат дорї ва дар њангоми муносибат бо дигарон аз рўйи аќлу хирад ва исти-фодаи мантиќ ѓолиб омада тавонистан зимни чандин њикоят хеле љолибу суд-манд инъикос ёфтааст.Гузашта аз ин њама, Кайковус ба тас-

вир намудани мавќеи зан њамчун модар кўшида, ањли љомеаро ба эњтироми мо-дарон њидоят менамояд. Њар кас бояд сазовори мењри модар бошад, чи калон ва чи хурд. Бояд ќалби њар фарзанде, ки ўро модар ба дунёи њастї оварда-аст, саршори мењру муњаббати модар бошад, зеро мањз њамин модар аст, ки «…аз бањри ту хештанро ба куш-тан дињад», «Он фарзандро, ки хирад рањнамуни ў бувад, аз Њаќ ва мењри модар холї набошад».Муаллифи «Ќобуснома» дар мав-

риди дигар модарро ба дарахти боњашамати мевадор монанд карда, изњор менамояд, ки агар шахс ба ќадри модар бирасаду ўро болои дида љой дињад, аз як тараф, соњиби эњтироми умум гардад, аз тарафи дигар, дар кору бори зиндагї њатман муваффаќ шавад: «Насли одамї њамчун мева аст ва мо-дар њамчун дарахт, њарчанд дарахтро таањњуд (нигоњубин) беш кунї, мева аз вай накўтар ва бењтар ёбї».Дар маљмўъ, «Ќобуснома» њамчун

асари барљаставу бунёдї метавонад дар тарбияи босамари фарзандон, бахусус, духтарон ба устодону мураббиён ва ба волидон мададгори њамешагї бошад.

Нуринисо АКРАМОВА, љонишини директори мактаби

№91-и ноњияи Сино

Наќши зан дар «Ќобуснома»

Page 8: Omuzgor #46 2013

№ 46, 15 ноябри соли 20138 ОМЎЗГОР РАНГОРАНГ

15 марти соли 1920 дар шањри Душанбе шуъбаи маорифи халќи Бухорои Шарќї таъсис ёфт.

ТАБИАТШИНОСЇ СЕМИНАР

ВАРЗИШ

Ба сифати мисол алоќаи байнињамдигарии фанњои био-логия ва физикаро аз назар ме-гузаронем. Дар китоби дарсии «Ботаника»-и синфи V њодисаю ќонуниятњои физикиро дар мавзўи реша, фишори решагї, обро бухор кардани барг, гардиши оксиген, карбон мушоњида кардам мумкин аст.Дар мавзўъњои ботани-

ка мафњумњои зерини физикї баррасї карда мешаванд: таѓирёбии шабонарўзии њарорати њаво, фишори атмосферї, вазни хос, њаракати ростхаттаи љисм, шитоб ва ѓайра. Маълум, ки омўзиши

вобастагињои функсионалї та-моми курси математикаро фаро гирифтааст. Хонандагон графи-ки функсияњоро сохта хосиятњои онњоро меомўзанд ва истифодаи графика дар дарси ботаникаи син-фи 7 дида мешавад.Мисол:

Саволи 1: ин аломати хоси кадом оила мебошад? К2+2 М4Г2+4М12Саволи 2: Ин аломати хоси ка-

дом оила мебошад? К5М5Г8М8Саволи 3: Ин аломати хоси ка-

дом оила мебошад К(5)М(5)Г(5)М7…Биология фаннест, ки ба тамо-

ми фанњои таълимї робитаи ќавї дорад. Вале алоќаи он нисбат ба

фанњои гуманитарї, ба силсилаи фанњои табиї (физика, химия, математика, таълими мењнат, наќшакашї ) бештар ба назар ме-

расад.Робитаи математика бо

биология дар њисоб кардани мамнўъгоњњо ва парваришигоњњо. Мисол: онњо чї ќадар масоњат до-ранд. Навиштани формулаи ботани-

кии солњо, шумораи фауна, фло-ра, фишори хун, њарорати бадан, навъњо…… Бо фанни љуѓрофия дар омўзиши

мавзўи «Биосфера» алоќаманди фан дида мешавад. Бо фанни таърих: растанињое

ки, аз об ба хушкї баромадааст псифолит дар кадом замонњо, даврњо динозаврњо архиоптрик парандаи ќадима. Бо шеър додани маълумот дар

бораи растанињо, робитаи байни фанни адабиёт Дарахти сарбаланди мевадор

аст,Ба њар кунљу канор овозадор

аст.Чу ќандилњо ба дида нур борад, Ба љисми хаста хуни тоза орад. Робитаи байни фанни биология

ва таълими мењнат. Дар љашни 8-уми октябр, «Рўзи мењргон», ки иди ниёгони мо мебошад, хо-нандагон сохтани шакли мева, апликатсия, ороиши дастархон, намоиши мевањо, сањначањоро, истифода мебаранд.Робитаи байни фанни

наќшакашї бо биология на-здик аст. Кашидани расмњои узвњои растанї, одам, њайвонот фањмиши хонанда-гон ва њофизаи онњоро тараќќї медињад. Усули методи бахотиргирї дар

асоси алоќамандии дохили фаннї сохта шуда, натиљањои дилхоњи мусбатро дар таълим ба даст мео-рад.

Зевар РАЉАБОВА,муаллимаи фанни биология ва

химияи мактаби тањсилоти миё-наи умумии №93-и ноњияи Сино

Робитаи байни фанњо(дар мисоли фанни биология)

Дар ќатори бунёди бисёр майдонњои варзишї дар шањру ноњияњои мамлакат ба фаъолият оѓоз намудани маљмааи варзиш дар љамоати Хистеварзи ноњияи Бобољон Гафуров хеле бамаврид аст. Дар Хистеварз дар дањ макта-би миёна ва омўзишгоњи касбњои техникї бештар аз 11 њазор хо-нандагон тањсил менамоянд. Варзишгоњи навбунёди Хисте-

варз барои бардаму солим нигоњ доштани насли наврас солњои зиёд хидмат хоњад расонд.Бо дастуру њидоятњои Пре-

зиденти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ва дар дои-раи наќшаи 300 рўзи ободонї дар љамоати Хистеварз як варзишгоњи маљмаавї барои ис-тифода ба дўстдорони варзиш пешкаш карда шуд.Акнун ба шўъбаи маорифи

ноњияи Бобољон Ѓафуров ва му-тасаддиёни маљмааи варзиши Хи-стеварз лозим меояд, ки тамоми имкониятњои фароњамовардаи ин иншоотро њамаљониба ва са-маранок истифода баранд. Барои ин, пеш аз њама, лозим аст, ки маљмааи варзишии номбурда бо омўзгорони пуртаљрибаю љонсўз таъмин карда шаванд. Барои хуб ба роњ мондани фаъолияти комплек-си спортии номбурда ва умуман,

машѓулиятњои тарбияи љисмонї дар сатњи љамоат ё худ маљмааи варзиши Хистеварз созмон додани шўрои таълимї-методии варзиш аз њисоби омўзгорони варзиши мактабњои миёнаи љамоат аз ман-фиат дур нест.

Абдунабї ЊОДИБОЕВ, Корманди шоистаи Љумњурии

Тољикистон, дотсент, Одилбой ЌОСИТОВ, дотсенти ДИС ДДТТ

Аќли солим дар љисми солим

САЛОМАТЇ

1. Њавои ифлос, дуд, бўйи нофорам ва ѓубор бо роњњои нафаскашї ба љисм дохил гашта, дар баро-бари дањон, гулў, бинї, (узвњои дарунї, шуш, дил, љигар ва меъдаву супурч)-ро низ низ иллатнок ме-созад. Нафас гирифтан аз њавои тоза барои шахс дар мадди аввал меистад.

2. Њангоми хўрокхўрї сифат ва меъёри хўрок бояд ба инобат гирифта шавад. Риояи дурусти меъёри хўроку сифати он узвњои њозимаро солим нигоњ дошта, кафолати умрдарозии шахс мегар-дад. Барои нигоњдории миљози аслии бадан, ки нигоњдорандаи тансињатист, истеъмоли гўшти барраву бузѓола, зардии тухми нопухта, нахўду биринљ ва меваю сабзаљот манфиатноканд.

3. Инсон бояд њамеша дар њаракат бошад. Њаракат, њазми ѓизоро дар меъда хуб менамояд ва онро барои ќабули ѓизои баъдї омода месозад. Дар баробари њаракат оромї низ барои љисми мо

судманд аст. Дар њолати оромї љисм, аз љумла, майнаи инсон истироњат карда, фаъолияти асаб аз нав барќарор мешавад.

4. Асабоният, фаъолияти бардавоми майна ба руњия таъсири бад расонда, њатто, инсонро то ба шикастарўњї мебарад. Барои солимии рўњ асабро истироњат додан лозим аст. Ќањру ѓазаб, тарсу из-тироб, шарму њаяљон, шодию нишот њолатњоеанд, ки пеш аз њама, таъсирашон ба руњ мерасад ва та-моми њолатњои рўњї ба дигар узвњо, хоса, ба дил бетаъсир намемонад. Барои оромии асаб баданро низ бояд обутоб дод.

5. Дар як шабонарўз инсон 9-10 ё њадди имкон 5-6 соат бояд хобад. Равоншиносон ба онњое, ки ба хоби рўз одат кардаанд, чунин хабар медињанд: хоби рўзона асабро хароб, чењраро тира ва шахсро заифу нотавон месозад.

6. Моддањои бадан – хун, сафро, балѓам ва зар-доб бояд дар њолати эътидолнокї бошанд, зеро онњо барои нигањдории њолати табиии бадан наќши аввалиндараљаро мебозанд. Зиёд ё камша-вии яке аз ин моддањо дар бадан боиси сар зада-нии дањњо беморї мегардад. Барои барќароркунии њолати табиї ва мўътадилсозии миљозу њарорати бадан, хориљсозии моддањои зиёдатї бо ёрии таби-бони касбї ногузир аст.

Тањияи Гулрухсор НУРОВА, духтури Маркази саломатии

№14-и ноњияи Сино

Тани сињат – бехи давлат

Бо иштироки мутахассисони соња дар Академи-яи тањсилоти Тољикистон нишасти илмї зери ун-вони «Фарњанги истилоњоти фарогир: натиљањо ва чашмандозњо» баргузор гардид. Дар он президенти АТТ Ирина Каримова, директори Пажўњишгоњи рушди маориф Шарифмурод Исрофилниё, усто-ди Донишгоњи миллии Тољикистон, равоншинос Юнусова, намояндагони ЮНИСЕФ, кормандони масъули АТТ, раёсати маорифи шањр, директоро-ни мактаб-интернатњои шањр иштирок намуданд. Чорабиниро И.Каримова ифтитоњ бахшида зикр кард, ки њадаф аз нишасти имрўза муаррифии фарњангномаи тањсилоти фарогир аст.

- Ёдовар мешавем, ки мо бо рањнамоии вазири ма-орифи Љумњурии Тољикистон ба таълифи чунин як фарњангнома даст задаем, -изњор дошт ў. – Ќаблан мо

ду маротибаи дигар сари масъалаи омўзиши кўдакони маълул ва наќши волидайн дар ин самт љамъ омада мулоњизаронї карда будем. Устод Сафар Сулаймонї дар тањия ва таълифи ин фарњангнома хидмати шои-ста дорад, ки дар бораи муњтавои фарњангнома ва тарзи истифодаи он чанд сухан гуфта, бо маќсади ислоњи нуќсонњо нусхаи онро пешнињоди ишти-рокдорон гардонд. Иштирокдорон аз сањифањои фарњангнома бо мазмуну сифати он шинос шуда, фи-кру мулоњизоти хешро радду бадал намуданд. Таъ-кид шуд, ки фарњангома танњо барои мутахассисон тањия ёфтааст. Дар њар сурат барои мукаммал гар-дондани мазмуну муњтавои он ба назар гирифтани фикру мулоњизаи мутахассисон ногузир аст.

Саидаи ФАЗЛ,«Омўзгор»

Фарњангномаи нав дар муњокима

Page 9: Omuzgor #46 2013

№ 46, 15 ноябри соли 2013 9ОМЎЗГОР ТАРБИЯ

Июни соли 1920 дар шањри Душанбе Анљумани якуми кормандони маорифи Бухорои Шарќї доир гардид.

ИЌДОМИ НЕК

ЊОДИСА

ЁДАШ БА ХАЙР

Гап сари он аст, ки Одинамањмад Њомидов, ки ўро Бобои Усто њам меноманд, чандин сол боз сарпарасти кўдакистони №11-и љамоати Оббурдан аст ва дар ин кўдакистон асосан фарзандо-ни сокинони ассотсиатсияњои хољагињои дењќонии ба номи Юсуф Вафо ва Файзї Султо-нов тарбия мегиранд. Њарчанд Одинамањмад Њомидов соњибкори калон нест, чанд сол боз, ба истилоњи мардум ёфтаю тофтаашро барои обо-донии кўдакистон сарф меку-над. Мутобиќи санадњо, танњо тўли солњои 2005-2008 ў барои

таъмиру тармими бозигоњњо ва хонањои кўдакистон беш аз 30 њазор сомонї харљ кардааст.Хизмати дигари

Одинамањмад Њомидов таш-кили омўзиши ройгони компю-тер дар кўдакистон аст, ки бо дастгирии раиси вилояти Суѓд Ќоњир Расулзода амалї гар-дид. Дар ин бора Одинамањмад Њомидов мегўяд:

-Ман ба куљое мурољиат мекардам, мегуфтанд, ки дар мувофиќа бо волидайн бо усули шартномавї омўзиши компютер дар муассисањои томактабї пулакї амалї ша-вад. Боиси хушнудист, ки пас аз мурољиатам ба раиси ви-лоят бобати тањияи барномаи таълимї ва аз њисоби буљет ба роњ мондани маблаѓгузории омўзиши асосњои компютер дар муассисањои томактабии вилоят ин масъала њал гардид. Мањз бо мусоидати муњтарам Ќоњир Расулзода њамчун муо-вини аввали Раиси Маљлиси миллї бори нахустин дар сатњи љумњурї «Барномаи омўзиши компютер дар кўдакистон ба-рои давраи калони томактабї (аз 5 то 6-сола)», ки аз тарафи директори Маркази техноло-гияи информатсионї ва ком-

муникатсияи назди раёсати маорифи вилоят тањия шуда буд, тасдиќ гардида, масъалаи буљетикунонии таълими ин фан њам њалли худро ёфт.Акнун чанд сол аст, ки

Одинамањмад Њомидов барои таъмири пурраи кўдакистон та-лош дорад, зеро бинои он њанўз 35 сол пеш сохта ва барои 130 кўдак пешбинї шуда буд. Ў та-вонист танњо нисфи онро кор-шоям кунад ва алњол 70 нафар кўдакро фаро гирифтааст. Агар ба њисоб гирем, ки Оббурдан калонтарин љамоати дењоти Мастчоњ аст (беш аз 35 њазор ањолї дорад ва се кўдакистон)

фарогирии кўдакон ним дар са-дро њам ташкил намекунад.

-Президенти кишвар, муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми имсолаашон ба Маљлиси Олї бори дигар таъкид кар-данд, ки фарогирии кўдакон ба муассисањои томактабї вази-фаи аввалиндараља аст. Бино-бар ин, банда барои таъмири куллии кўдакистон бори дигар ба тамоми сохтори маќомоти марбутаи сатњњои ноњиявї, вилоятї ва љумњурї бо мак-туб мурољиат кардам, -мегўяд Одинамањмад Њомидов. –Ростї, љавоби вазири мао-рифи Љумњурии Тољикистон, муњтарам Нуриддин Саидов хеле умедворкунанда аст: «….Вазорати маориф дар на-вбати худ шароити кўдакистони номбурдаро ба инобат гириф-та, њангоми пайдо гаштани имконияти молиявї аз љониби инвесторони хориљї масъалаи мазкурро мавриди баррасї ќарор медињад». Дар сурати амалї гардидани ин амри хайр, кўдакистон метавонад боз 40 кўдакро ба тарбия фаро гирад. Чанд нафари дигар низ бо кори доимї таъмин хоњанд гашт.

Љўра ЮСУФЇ, Нуъмон РАЉАБЗОДА

Кўдакистонро кўмак мебояд

Таъсири ин нури зулматкуш то дарањои душворгузари куњистон њам расид. Љавонони илмдўсту фазлпарвар саъй карданд, ки рўзгори худро бо зевари илму дониш оро бидињанд. Пас аз кушода шудани мактабњои сохти нав садњо нафар бо умед ба он даргоњњо омаданд. Яке аз он љавонони серѓайрату илмдўст устоди зиндаёд, риёзидони мумтоз, омўзгори соњибназар Амо-нулло Бобоев буд. Устод А. Бобоев сли 1938 дар дењаи Файзободи ноњияи Ѓончї ба олам омада-аст. Давраи кўдакии ў айёми сахту вазнин буд. Захмњои љанги дањшатноки љањонї њанўз њам хурду калонро озор медод. Дар он рўзгори сан-гин мањз омўзгорони худшинохта, дурандеш ва љонфидо пушту паноњ ва тасаллобахши мардум буданд. Онњо шуълаи умедро ба фардо фурўзон нигоњ медоштанд. Натиљаи чунин худсозињову фидокорињо буд,ки љавононе мисли устод А.Бобоев майл ба илмомўзї карданд. Агар мо имрўз аз номи неки А. Бобоев баринњо ифтихор кунем, ин сарафрозї подошу мањсули ранљњои устодони онњо аст. Зиндагонии устод А. Бобоев пур аз пасту ба-

ланд, бохту бурд ва талху ширин аст. Ў њамаи он ногуворињову сахтињоро мардона, бо азму иродаи матин пушти сар кард. Ваќте ки аз ин омўзгори фидої ёд мекунем, дар пеши чашм чењраи нуроние пайдо мешавад. Ва мо як инсони кушодаабрўву соњибдилро тасаввур мекунем. Ин мартабаи ба-ланд ба осонї насиби кас намегардад.Устод А Бобоев омўзгори физика-математика

буд. Омўзгори фанњое, ки дарки њар як мафњумаш аќли расо, дили суханпараст ва завќи саршор мехоњад. Њунару мањорати ўро на танњо дар Тољикистон, балки дар миќёси собиќ Иттињоди Шўравї њам эътироф карда буданд. Ин ќадрдонї гувоњи истеъдоди модарзодї ва дониши комили ў буд. Ў нўњ маротиба дар озмуни математикони љавони Иттињоди Шўравї иштирок ва шарафи илми риёзиёти тољикиро њифз намудааст. Собиќ президенти АИ Иттињоди Шуравї А.Лаврентев ба А.Бобоев Ифтихорномаи Академияи илмњои ИЉШС-ро супурда он касро пайрави њаќиќии ниёгони худ, риёзидонони маъруфи тољик Ал-Хоразмї, Ал-Форобї, Хайём ва Алии Ќўшчї но-

мида буд. Ин эътироф њаќиќати мањз аст. Устод А. Бобоев риёзидони нотакрор буд. Дар давоми фаъолияти 48-солааш шогирдони ў дар сафи пеши хонандагони мактабњои миёнаи љумњурї буданд. Ба туфайли донишу мањорати устод мак-таби тањсилоти миёнаи умумии № 43-и ноњияи Бохтар дар тамоми мамлакат машњур гашта буд. Ягон озмуни љумњуриявї ва ё умумииттифоќии математиконе набуд, ки дар он шогирдони устод иштирок накунанд. Устод таљрибањои дар давоми солњо андўхтаи худро ба њампешагонаш меомўзонд. Дар конфренсияю машваратњои вилоятї ва љумњуриявї маърўзањои пурмазмун ва љолиби ўро бо таваљљуњи том мешуниданд, аз усулњои таълими ў истифода мебурданд. Дар да-воми 48-соли корї шогирдони устод А.Бобоев 40 маротиба дар озмунњои љумњуриявї ѓолиб ома-данд. Донишу мањорати онњо бо 30 медали тилло ва 10 медали биринљї ќадрдонї карда шудааст.

Имрўзњо номи неки устод А.Бобоев дар њама мањфилу маъракањои ањли адаб вирди забон аст. Шогирдони соњибобрўйи он кас дар соњањои гу-ногун кор мекунанд: Сония Ќосимова - љонишини раиси шањри Ќўрѓонтеппа, Толиб Юсуфов - сар-дори корхонаи лоињакашии шањри Кўрѓонтеппа, М.Калонов - директори мактаби раќами 14, Р.Турсуналиев - љонишини директори шуъбаи «Агроинвестбонк» дар Ќўрѓонтеппа…

Устод А.Бобоев тавонист, ки мењри касби омўзгориро дар дили фарзандонаш њам бедор кунад.Хушбахтона, имрўз дар оилаи онњо 5 нафар

кори падарро идома медињанд. Садриддин Бо-боев омўзгори забони русї, директори мактаби раќами 43, Илёсиддин Бобоев омўзгори риё-зист. Комилова Маърифат, Манзура Ибодова ва Бобоева Файзинисо ва писарони дигар устод Фахриддину Наљмиддин њам соњибмаълумоту накўпешаанд. Хуш ба њоли омўзгоре, ки шамъи донишро дар

дили шогирдон фурўзон мекунад. Устод Амонул-ло Бобоев аз зумраи чунин омўзгорон буд.

Убайдулло ХЎЉАЁРОВ

Фурўзонгари шамъи маърифат

ДАСТГИРЇ

Сафири ИМА дар Тољикистон Сюзан Эл-лиотт манзилњои барќароршудаи мактаб-интернати бењдошт дар ноњияи Рўдакиро, ки бо маблаѓгузории Амрико навсозї гардида-анд, мавриди истифода ќарор дод. Ин манзилњо аз њаммом, хонаи либосшўї

ва обанбори барќароршуда иборат буда, бо маблаѓи 45 000 доллари ИМА навсозї гардидаанд. Корњои барќарорсозї аз љониби Дафтари њамоњангсози Депар-таменти давлатии ИМА оид ба кўмаки ИМА ба давлатњои Аврупо ва Авруосиё маблаѓгузорї шуда, аз љониби Барно-маи љомеавї ва кўмаки башардўстонаи Каунтерпарт Интернешнл (CHAP) дар Љумњурии Тољикистон амалї шудаанд. Њолати санитарї ва бењдошт барои тала-багон ва кормандоне, ки дар мактаб кор ва зиндагї мекунанд, пас аз анљоми корњои барќарорсозї бењтар гардидааст.

«Ховар»

Навсозии мактабРўзи 10 ноябри соли ра-

вон дар шањри Душанбе ва шањру ноњияњои атрофи он замин љунбид. Мутахасси-сон маркази онро дар 26 километрии љанубу шарќи пойтахт муайян карданд.Заминларза талафоти

љонї наоварда бошад њам, чанде аз сокинони дењањои љамоатњои Карим Исмои-лов ва Раљаб Исмоилови шањри Вањдат захм бар-дошта, баъзе хонањо зарар диданд.Аз ин њодиса мактаби

раќами 89 дењаи Истиќлоли шањри Вањдат, ки 60 нафар хонанда дошт, зарари љиддї дид. Аз ин ба баъд шогир-дони мактаби мазкур дар

мактаби №73 тањсил хоњанд кард. Хонандагони мак-таби раќами 80 низ (дењаи Арбобдара) имкони дар бинои мактаб тањсил кар-данро надоранд. Дар назар аст, ки барои онњо 6 хайма људо карда мешавад. Барои 104 нафар хонандаи макта-би №101-и дењаи Суѓдиён имкони аз як синфхона ва вагони захиравї истифода бурдан боќї мондааст.Гузориши муфассалро аз

вазъи муассисањои таъли-мии аз заминљунбї зарар-дида дар шумораи ояндаи њафтанома ба табъ хоњад расид.

С.ИСКАНДАРОВ,«Омўзгор»

Оќибати заминљунбї

Page 10: Omuzgor #46 2013

№ 46, 15 ноябри соли 201310 ОМЎЗГОР СИМО

Соли 1924 корњои фарњангї, маорифи сиёсї, нашриёт, чойхонаи сурх низ дар салоњияти Назорати маориф буд.

ТАШАББУСКОРОН

ДАР ЉОДАИ ИЛМ

ПАЖЎЊИШГАР

Ў кўшиш ба харљ медод, то љигарбандаш чун шахси бо-маърифати љамъият ба камол расад. Риштаи мењри омўзгорї ўро ба Хуљанди бостонї овард ва соли 1964 донишљўи риштаи химия ва биоло-гияи Донишгоњи омўзгории шањри Хуљанд гашт. Чор соли бедорхобињо, љустуљўву эљодкорињо њам турнасон гу-заштанд. Муаллим Абдулов ба мактаби нави дења ба кор гузашт. Кор дар мактаби нав љолибу хотирмон буд, зеро тамоми таљњизоти таълимї, воситањои техникї, ашёи хониш ва китобњои дарсї бенуќсон ва барзиёд буданд.Дар солњои аввали навкорї

(ваќте ки бо муаллим аз на-здик шинос набудам) дар њар як шўрои омўзгорон њангоми музокира њатман «як му-аллим» аз љой мехест ва аз маъмурияти мактаб нисбат ба омўзгорони дар корашон камбудидошта чора андеши-данро таќозо мекард. Маъ-мурияти мактаб соли 1990 дилсўзу дилбохтаи касб бу-дани муаллимро дониста, ўро љонишини директор оид ба корњои тарбия таъин намуд. Абдулов, ки солиёни зиёд дар ин вазифа таљриба њосил карда буд, бе дудилагї корро ќабул кард. Тамоми гўшаву овезањои кўњнаву дилнокаш-

гашта аз нав эњё гаштанд. Ра-ванди корњои тарбиявї вусъат ёфт. Абдулов дар солњои ноба-сомон тавонист иштироки хо-нандагонро то андозае таъмин намояд. Ў дар љалби хонанда-гон ба дарсњо ва бењтаршавии сифати таълим аз тамоми роњу усул кор мебурд. Гоње илтимос мекард, гоње маслињат медод ва агар зарур мешуд, гоњи дигар «сурху сафед» њам мешуд. Ў бо суханњои рўњбаландкунандаи хеш тавонист дилњои сардгаш-таи омўзгоронро ба ояндаи нек дилгарм созад. Фаъолия-ти хубашро дида, соли 2004 шуъбаи маорифи ноњия лозим донист масъулияти роњбарии мактабро ба дўшаш гузорад. Мушкилнописанд ки буд, рад накард. Гап дар сари он буд, ки бинои «брежневї» муддати 24 сол рўи таъмирро надидаву дар њолати садамавї ќарор дошт. 90 фисади тирезањо бешиша, нисфи партањои мактабї дар њолати «љондињї». Сарвари тозаинтихоби мактаб аз ягон љой кўмакеро интизор набуд. Ў ба «кўлњо»-и роњравњо, ба мўзањои резинии муаллимон ва ба дафтарњои аз чакрањои борон доѓзадаи кўдакон ме-нигаристу дилхун мегашт; аз боми бо мум пўшонидашуда баъди ду рўзи истодани бо-рон њам, лойобањо мечаки-

данд. Барои танњо лоињаи пўшонидани боми мактабро ба даст овардан муаллим њафтаеро дар пойтахт бо та-кудав гузаронд. Мегўянд, ки нияти неку маќсади пок бе дастгирї намемонад. Соли 2006 ташкилоти «Наљоти кўдакон»-и Британияи Ка-бир дасти мадад ба мактаб дароз намуд. Ин ташкилот, инчунин, пешнињод намуд, ки агар шумо дар пўшонидани бом ба хараљу мараљи зиёдатї роњ надода, ташаббус нишон дињед, мо дар шишабандии тирезањои мактаб низ кумака-монро дареѓ намедорем. Раф-ти пўшонидани боми бинои таълимгоњро аъзои ташкилот мусбат арзёбї карданд. Онњо бо чашми хеш диданд, ки дар рўзи истироњат директори мактаб бо њамроњии муалли-мон ашёи сохтмонї (шиферу тахтањо)-ро бо ќувваи даст (бо арѓамчин) ба боми мактаб ме-бароваранд ва устоњои чирада-сти дења бемузду миннатдорї онњоро мехкўб менамоянд. Давоми як моњ тамоми боми бино шиферпўш гашт ва тире-зае бешиша намонд. Ба ин тариќ, 20 соли сарварї

дар мактаб эътибори ўро назди мардуми дења ва ањли маорифи ноњия бештар гардонд.Соли 2005 Вазорати

маорифи мамлакат устод Ѓ.Абдуловро бо нишони «Аъ-лочии маорифи Љумњурии Тољикистон» ќадрдонї кард. Дил аз чунин

мушкилнописандї ва муноси-бату садоќати як фидоии соња ба ваљд омада, беихтиёр садо медињад: «Ањсан ба ќалби му-саффо, дасти пурсахо, рўњи шикастнопазир ва хулќи ба ёрии мардум тайёрат, муал-лим».

Шайдулло МАДАМИНОВ,омўзгори мактаби №52,

ноњияи Њамадонї

Мушкилнописанд

Ў ба мушкилї ва азоби тоќатфарсои даврони бачагї нигоњ накарда, дар мактаб бо бањои хубу аъло ва одобу рафтори намунавї тањсил мекард. Дар дил орзу дошт, ки пас аз хатми макта-би миёна тањсилро идома дода, шахси барои љомеа муфид шавад. Дар зењни кўдакии ў пешаи табибї барои љомеа бештар муњим дониста мешуд. Ва аз та-рафи дигар, бобояш табиби шинохтаи мардумї низ буд. Аз ин сабаб пас аз хат-ми мактаб њуљљатњояшро ба Донишгоњи тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Сино супорид. Аммо мушкилоти зиёди ЉБВ, ки сояи шуми хешро дар рўзгори хонаводаи эшон гузошта буду падарашро ба дифои Ватан сафарбар кард, кашидани бори зиндагиро бар дўши модари Ањмадљон вогузор намуд. Ањмадљони донишљў ба хотири ќисмат кардани бори зиндагї бо модар пас аз

як соли тањсил Донишгоњи тиббиро тарк кард, аммо њамеша орзуи идома додани тањсил дар дилаш туѓён дошт. Хонда-ни китобу рўзнома ва маљаллањои даврї машѓулоти њамешагиаш буд. Чунин шавќ боис шуд, ки Ањмадљон дубора донишљўи факултаи фило-логияи рус гардид ва пешаи омўзгориро интихоб кард. Пас аз хатми тањсил фаъо-лияти омўзгории хешро аз мактаби миёнаи зодгоњаш оѓоз кард. Ањмадљон Назаров

омўзгори љўяндаву эљодкор аст, пайваста дониши хешро сайќал медињад, меомўзад, њамеша бо тайё-рии пухта ба дарс меояд. Зеро хуб ме-донад, ки пешаи омўзгорї масъулияти љиддиро таќозо менамояд. Солњои 90-уми асри гузашта фаъолияти омўзгории Назаров бо Донишгоњи миллии Тољикистон вобаста гардид. Акнун ў масъулияти бештареро эњсос мекард ва усули нави таълимро љустуљў менамуд. Омўзиши доимї ва эњсоси баланди масъ-улият дар як муддати кўтоњ Назаровро миёни њамкорону шогирдон соњибном ва боэњтиром сохт. Њар як дарси ў бо шавќу шўри хос доир мегардад ва дар тинати шогирдонааш њисси мењнатдўстї ва ватанпарастиро парвариш менамо-

яд. Мавсуф аз дастовардњои илмњои забоншиносї ва адабиётшиносї сари ваќт огоњї меёбад, онњоро тањлил мекунад ва хулосањои хешро ба донишљўён мерасонад. Ба шогирдон омўзиши иловагї ва худтакмилдињиро ташвиќ месозад. Донишљўёнро ба корњои мустаќилона ва бе-рун аз синфї водор намуда, талќин месозад, ки онњо озо-дона фикр баён карданро омўзанд.А.Назаров дар љараёни

дарсњо бештар бар он мекўшад, ки донишљўён фаъол бошанду ба омўзиши забон ва адабиёти русї шавќманд гар-данд. Барои ба маќсад ноил шудан маводи гуногуни шавќоварро пайдо намуда ба донишљўён хондани онро низ тарѓиб менамояд. Ў чун муаллими соњибтаљриба маслињатгари омўзгорони љавон буда, корафтодагонро бо чењраи кушод ва лутфу мењрубонї пешвоз ме-гирад. Дарсњои кушод ва рўзњои забони русї доир намуда, шавќи омўхтани ин забонро дар дили шогирдонаш афзун менамояд ва бањри пайвандњои адабии ин ду халќи дўст сањм магузорад. Илова

бар ин, Ањмадљон Назаров чун муњаќќиќ дар конфронсу мањфилњои адабї бо маърўзаю гузоришњои забоншиносї иштирок намуда, таљрибањои илмї ва омўзгории худро тавассути маќолањояш манзури хонандагон мегардонад. Ў муаллифи бештар аз 40 маќолаи илмї буда, асосан ба мавзўи љонишинњо ва хусусиятњои онњо дар забони русї диќќат дода, дар ин самт тањќиќот бур-дааст.Ањмадљон Назаров муаллифи

дастурњои таълимиву методї буда, ин-чунин, њикояњои зиёде таълиф намуда-аст. Мавзўи асосии њикояњои ў хотиро-ти айёми баччагї, лањзањои донишљўї, ањамияти забондонї ва рўйдодњои зиндагї мебошад. Номбурда бо ду за-бон – тољикї ва русї хуб менависад. Бар замми ин, муњаќќиќи пухтакор буда пас аз фаъолияти 45-солаи омўзгорї, инак, дар мавзўи «Тарзи таълими љонишинњои русї дар синфњои болоии мактабњои тољикї» рисолаи илмї на-вишта, онро барои дифоъ пешнињод кардааст. Ў бояд солњо пеш ба унвони номзади илмњои филологї шарафёб ме-гардид, аммо хоксорї ва даќиќкориаш боис бар он шуд, ки таълифи рисола тўл кашид. Ањли илми тољик бо кору номи Ањмадљон Назаров дер боз ошно њастанд ва ўро чун шахси њалолкор ва мењнатдўст мешиносанд. Ба ин муњаќќиќи пухтакор ва

омўзгори накўкор умри дароз, саломатї ва дастовардњои боз њам бештари илмї хоњонем.

Равзї РАЉАБОВ.

Масъалањое, ки олима зиндагиаш-ро бахшидааст, актуалианд ва имрўзњо дар назди мактабу донишкадањои љумњурї дар мадди аввал меистанд. Дар ќатори ин масъалањо асоснокку-нии назариявї, ки њалли амалиро та-лаб мекунанд, якумдараља њисобида мешаванд: маќсадњои омўзиш ва такмили забони русї њамчун забони муоширати байналмилалї, методикаи таълими забони русї дар мактабњои тољикї ва мактабњои олї, истифо-даи усулњои фаъол ва њамфаъол дар дарсњо ва машѓулиятњо, таснифо-ти китоби дарсї (сохтору мазму-ну мундариљаи китобњои дарсї), худомўзии омўзгорон ва ѓ.Мавсуф соли 1953 дар шањри Душан-

бе дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Ў ДДОТ ба номи С.Айниро соли 1974 бомуваффаќият хатм карда ба њайси муаллими забон ва адабиёти рус аввал дар мактаби миёнаи №29 ноњияи Вахш, сипас дар мактаби миёнаи №31 ш. Ду-шанбе фаъолият намудааст. Слои 1980 њамчун омўзгори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти руси ДДОД, аз соли 1996 њамчун дотсенти кафедраи забони русии Донишгоњи славянии Ру-сияву Тољикистон кору фаъолияташро давом додаст.Соли 1989 дар ПТИ АИП СССР

рисолаи номзадї ва соли 1998 рисолаи докториашро дифоъ намудааст.Лексияњои Гусейнова пурмазмун,

амиќ ва пурмўњтавоянд – мактаби эљодии илмиро мемонанд. Муноси-бати эњтиёткорона ба забони русї, ба забони модарии донишљўён прин-сипи асосии машѓулиятњои профес-

сор мебошанд. Машѓулиятњои ама-лие, ки Татьяна Владимировна бо донишљўёни хориљї мегузаронад хеле таваљљуњбарангезанд. Маводе, ки дар ин машѓулиятњо истифода мешавад, њамеша ба омўзгорон ва донишљўён ба таври амалї намоиш дода мешавад.Чуноне, ки донишљўён ва аспиран-

тон ќайд менамоянд, Гусейнова Т. В. услуби хоси педагогии худро дорад. Ў донишљўёнро маљбур намесозад, ки хонанд,онњоро ба фикрронї водор карда, њисси кунљковиро бедор мена-мояд. Барномаи забони русї барои

муассисањои таълимашон бо забони

тољикї барои синфњои 2-11 (с. 2008), маљмўаи маводњои дидактикї барои омўзгорони мактабњои тањсилоти миёнаи умумї, китобњои дарсии за-бони русї барои синфњои 4, 6, 7, 8 ва 9 ба ќалами олимаи шинохта тааллуќ доранд. Инчунин ў муаллифи садњо маќолањои илмї, методї ва китобњои омўзишї аст. Барои донишљўён низ китобњо ва маводњои таълимии зиёде таълиф намудааст.Соли 2004 Т. В. Гусейнова роњбари

Барномаи Федералии маќсаднок - «За-бони русї», соли 2006, роњбари олим-пиадаи љумњуриявии донишљўён, соли 2005 раиси комиссияи тањиягарони китобњои дарсї аз фанни забони русї (дар назди Вазорати маорифи Чумњурии Тољикистон) буд.Мо устоди муњтарамро бо солгарди

мубораки умр табрик гуфта, барояш саломатї, рўзгори хуш ва комёбињои беназир таманно мекунем.

Г.ЉОНМАЊМАДОВА,корманди ПРМ-и АТТ

Бо забони русї њамќадам

Омўзгор ва муњаќќиќАгар дар љањон набвад омўзгор, Шавад тира аз бехирад рўзгор.

Page 11: Omuzgor #46 2013

№ 46, 15 ноябри соли 2013 11ОМЎЗГОР ШАРАФ

Баъди инќилоби Бухоро дар ЉХШБ соли 1922 50 мактаб ташкил шуд.

ФАРЗАНДОНИ ВАТАН

Шоири љанговар ва ватанпарвар Њабиб Юсуфї, ки зиндагие пур аз талошу мубориза дошт, бо забони хома нидо дардода буд: «Зиндагї љои хамўшї набувад, Дил, биё, љўш зан, мубориз бош!» Чунин менамояд, ки аксаран зиндагї худ инсонњоро ба гирдоби талошњо, ба панљаи вартањо мекашад, то аён гардад, ки кадоме ба чї коре ќодир асту то куљо ба зистан сазовор бувад. Бо марди фозилу дарёдил Маъруфи Хушзод низ зиндагї чу-нин рафторро љоиз дошт…Ў зодаи кўњсорони сарбалан-

ди Тољикистон аст, дар дили кўњистон, дар ноњияи Рашт чашм ба олами њастї кушоду аз хурдї дилбанди илму дониш гашт, чароѓи дил ба дониш барафрўхт ва бо кўлбори пурбори маънавї ва бо орзуву умедњои фаровон ба пойтахти кишвар – шањри Душан-бе омад, идомаи тањсил дар факул-таи таъриху филологияи ДДОТ ба номи С.Айнї карду омўзгор шуд. Дар зодгоњи хеш оѓози фаъолияти омўзгорї карду чун њанўз ташнагї аз дарёи илм нашкаста буд, аз нав озими Душанбе гардид.Бо иродаи ќавї њам ба кор ва

њам ба фаъолияти илмї пардохт. Сароѓоз соле чанд дар бонуфуз-тарин маљаллаи омўзгорон «Мак-таби Советї» кор мекард ва дар ин нашрияи эътиборманд (њоло «Маърифати омўзгор» ном ги-рифтаву њамоно шуњратёр аст), ки сатњи талаботаш нисбат ба маќолањо бисёр баланд буду на њар навиштаро пазируфтаву ба чоп мерасонд (ќатъи назар аз дараљаи илмиву обрўву манса-бу мавќеи муаллифон), пайва-ста навиштањояш, аниќтараш, маќолањои илмию методиаш чоп мешуданду маќбули ањли таълиму тарбия мегардиданд. Бо њадафи ошноии бевосита ва амиќтар пай-до кардан бо љараёни таълиму тарбия (дар робита бо рисолаи номзадиаш) рўй ба таълимгоњ оварду омўзгори техникуми сав-дои шањри Душанбе шуд. Ва дар ин макону маърифат, ки

аз ибтидо фаъолияти чашмгиру эљодкорона дошт, таќдир баро-яш пешомади ѓайричашмдоште, имтињони сангине «эњдо» кард.

Маъруфи дар пањнои зиндагї камтаљриба ва содадилу зудбовар ба доми фитнае гирифтор гардиду тўњматзада шуд ва волотарин неъ-мат – озодиро аз даст доду гириф-тори мањбас гашт.Ин њодиса дар айёме рух дод

(солњои 80-уми садади ХХ), ки бо маќсади «гирифтани алоби чашм»-и зумрае аз ањли маориф ва пешпою њушдор додани эшон амалиёти «омўзгорони порахўр»-ро эљод ва роњандозї карда буданд зимомдорони худкомаи давр. Як гурўњ омўзгорони варзида тўъмаи ин амалиёт гардиданд ва Маъру-фи Хушзод дар ќатори онон буд. Нотавонбинону тўњматгарон ин нињоли навбари боѓи илму мао-рифро хам карданд, вале шикаста натавонистанд. Маъруфи Хушзод дар њама гуна њолат истодагарї, мардонагї кард ва умед ба фар-доро аз даст надод, рўњафтода на-гашт…Ў ба озодї баромад ва нињоят,

собит гардид, ки батамом бегуноњ асту гирифтори тўњмат шуда. Му-аллими пажўњишгар гўиё зиндагї аз нав оѓоз кард, вале акнун дарёи зиндагиаш маљрои дигар пазируф-та буд. Ў дигар аз пажўњиши илмї ба эљоди бадеї гузашт, ќотеъона бо адабиёт гаравид, ба навишта-ни њикояву ќиссањо ва очерку пу-блитсистика машѓул шуд. Ба ин амал ўро, пеш аз њама, бардоштњо аз љодањои пурпечутоби зиндагї, мушоњидањояш дар мањбас ва андешањояш перомуни «сиёњу сафед»-и зиндагї водоштанд. Ме-хост тавассути нигоштањояш мар-думро, хонандагонашро њушдор дињад, ки фитна њамеша дар камин аст, бедор бояд буд. Мехост та-вассути њикояти муассиру воќеии њаёт њамагонро ба њаётдўстї, ба ростию росткорї, ба адолатхоњию њаќиќатпарастї ва дўстию рафоќат, њалимию мењрубонї даъвату њидоят намояд. Ва паи њам китобњои њикоёту ќиссањояш ба нашр раси-данд бо исмњои «Мањбас ва озодї», «Эњ орзуњо, ормонњо!», «Ёдгори Ѓаввосиён», «Омўзгорони Рашт», «Орзуњои намиранда»… Гарм па-зируфтанд хонандагон эљодиёти Маъруфи Хушзодро, њатто, зарур омад, ки чанде аз китобњояш боз-нашр карда шаванд. Мегўянд, ки фарљоми сабурї комёбист. Рўзгори пурњаводису пурмољарои ин мар-ди шуљоъ бори дигар њаќиќати ин њикмати деринро собит сохт. Маъ-руфи Хушзод бо рўњи бешикаст ва азму иродаи ќавиаш мудњиштарин, ногувортарин њаводиси зиндаги-ашро паси сар кард ва ба шарофати ќалам аз нав ќомат рост кард, пеш рафт, камолу љалол ёфт, ба сафи на-висандагони кишвар ворид гашт, соњибному мањбуби хонандагон гардид…Имрўз устоди арљманд Маъ-

руфи Хушзод зиндагї андар зодгоњи хеш дорад; дар зебодењаи

Ѓаввосиёни ноњияи Рашт. Ва ин љо дерест, ки дар мавзее басо хушбо-ду њаво, дар домани кўњсорон боѓе аз дарахтони самаровар бунёд на-мудааст ва њама рўз соатњои зиёд машѓули љумбуљўл дар оѓўши ин боѓистонаш мешавад. Аз мевањои болаззати боѓи ў ањли дења, фар-занду наберагонаш дањон ширин мекунанду сано ба њавасу њавсала, њунару зањмати ин пири хирад мехонанд. Ва фориѓ аз парвари-ши дарахтони борвараш устод Маъруфи Хушзод ба навиштани китобњои навинаш машѓул меша-вад. Синнаш ба 75 расидаст, вале хушо, ки њанўз нерўи тавоно до-раду ниятњои зиёд.Бо њавсалаи том рўи

кати андаруни боѓистонаш дастнависњояшро вараќгардон мекунад, ба риштаи тањрир мека-шад ва барои оѓози ќиссањои на-ваш омода мешавад…Ў рўњи бешикаст, нерўи та-

воно, азму иродаи ќавї дорад, мушкилнописанд, садшикан аст ва аз даму нафаси сарди пирї њам

намењаросад; ин њам монеа ба љодапаймоии зиндагию эљоди ў нахоњад шуд. Гўиё шоир маром-номаи рўзгорони ўро гуфтааст: «Пои ман бо сангкўб аз хурдї одат кардааст, Гар зи санги роњ тарсам, аз кўњистон нестам!».

ИФШОИ ХОТИРАЊО(Пора аз китоби «Мањбас

ва озодї»). Хонандаи нињоят гиромї! Ин китоб, ки феълан дар дасти шумост, «Мањбас ва озодї» ном дорад. Имони комил дорам, ки пас аз мутолиаи он хастагиро њис нахоњед кард.Хонандаи гиромї, њар гоњ ки

солњои 80-уми асри ХХ-ро ба ёд меоварам, вуљудамро ларза фаро мегирад. Мумкин пурсед, ки ба-рои чї? Ман, Маъруфи Хушзод, соли

1938 дар дењаи кўчаки Ѓаввосиёни ноњияи Рашт чашм ба олами њастї кушодаам. Дар њамин дења калон шудам. Мактаби миёнаи дењаи њамсоя - Шулро соли 1956 хатм намудам. Соли 1961 шуъбаи

рўзонаи ДДОТ ба номи С.Айниро бо ихтисоси муаллими забону ада-биёт ва таърих ба итмом расон-дам. Барои кор ба зодгоњам бар-гаштам. Банда ба сифати сарвари мактаби миёнаи дењаи Вардуч ба кор оѓоз кардам. Баъди чанд соли кор бо маќсади идомаи тањсил ба пойтахт баргашта, ба аспиранту-ра дохил шудам.Дар аспирантура ѓоибона

тањсил карда, њамзамон дар маљаллаи «Мактаби советї» (имрўза «Маърифати омўзгор») кор мекардам. Соли 1966 ба сифа-ти омўзгор дар техникуми савдо ба кор даромадам.Хонандаи азизу гиромї, њангоми

дар техникуми савдо кор кардан банда пайваста дар сањифањои рўзнома, маљаллањои љумњурї маќолањо чоп мекардам. Соњиби 8 фарзанд: 2 писар ва 6 духтар бу-дам. Соли 1980 писари нахусти-намро хонадор кардам. Келин дар хонаю ман дар њабсхона. Он солњо барои ањли зиё солњои шум буданд. Дањњо донишмандон, омўзгорони мактабњои олию техникумњо бо айби ночизе ќурбони њасадхўрону курсихоњони мањалпарасту мансабљў гаштанд. Дар як сол ак-сарияти омўзгорони мактабњои олиро гирифтори мањбасхона кар-данд. Банда дар ќатори зиёда аз 60-70 нафар омўзгорони мактабњои олї зиёда аз 6 соли њаёти худро дар мањбас гузаронидам. Хонандаи гиромї, баъди 27

соли аз мањбас озод шуданам њоло њам хотираи мањбас маро ором намегузорад.Банда ќарор додам, то њаёти

мањбусони њабсхонаи давраи Шўравї ва чї тавр аз озодї ба-ромадани онњоро мухтасар иншо намоям.Бисёр нависандагон оид ба њаёти

мањбусон китобњо навиштаанд, вале онњо бардошт аз мушоњида ва наќлњои мањбусон мебошанд. Худи ќаламкашон шоњиди воќеањо не-станд. Илоњо, мањбасро чашми са-рашон набинад.Президенти мўњтарам Эмомалї

Рањмон дар яке аз баромадњояшон ба ањли ќалам гуфтанд, ки чаро оид ба сохтмонњо ва он ободињое, ки дар љумњуриамон шуда истодааст, шоирон ва нависандагони гиромї асарњо намеофаранд. Барои асари њаќиќї навиштан дар пањлўи коргар ва сохтмончї будан лозим аст. Аз он љумла, шумо, хонандагони азиз, ме-донед, ки нависандаи шинохтаи мо Юсуф Акобиров барои навиштани романи «Норак» зиёда аз 5 сол дар сохтмони ГЭС-и Норак кор кард. Албатта, ман гуфтанї нестам, ки барои навиштани њаёти мањбусон нависандагони пурсалиќаи мо роњи њабсхонаро пеш гиранд. Алњазар!Шоир хеле хуб гуфтааст:Бе зањмату кор нон намебояд

хўрд, Як луќма ба ройгон намебояд

хўрд. Ноне, ки бувад њосили ранљи

дигарон, Гар љон биравад, аз он

намебояд хўрд.Бо амри таќдир зиндонї шу-

дам. Ќарор додам, ки њаётро дар мањбас бесамар нагузаронам. Та-моми 6 соли њаётам ба хондани китобњои гуногун ва навиштани рўзнома гузашт. То имрўз зиёда аз 1200 сањифа, ки банда дар 5 дафтари калон навиштаам, дар љомадон нигоњ дошта мешаванд.Хонандаи гиромии ман! Чун

он хотирањоро вараќ мезанам, гоњ мегиряму гоњ механдам. Гиря аз беадолатии љамъият, носозгории ќонунњо аз хилофкориву хиёнати «дўстон».Фаридаддини Аттор хуб гуф-

тааст:Аз хилофу аз хиёнат бош дур,То бувад пайваста дар рўи

ту нур.Ба соддадилиам, зудбовариам,

ба њама бо чашми нек ва боварї нигаристанам, хандаам меояд.Њангоми мутолиаи асарњои

бадеї банда панду њикматњои ањли адабро гирд овардаю тавас-сути онњо дар мањбасхона бошад њам, дар тарбияи 8 нафар фар-зандони хурдсоли худ њиссагузор будам... Шукри он мекунам, ки тўли дар мањбас буданам, 8 нафар фарзандони ман ба мактабњои олии чумњурї дохил шуда, дар шуъбањои рўзона тањсил карда, соњиби маълумоти олї гаштанд.Зиндагї пур аз тазод ва мубори-

за аст. Инсон њамчун вуљуди олии дорои аќлу заковат дар як ваќт њам мењрубону ѓамхор, борањму шафќат ва дар њолати дигар берањму да-рандаю вањшї, ситамкору љоњил аст. Дар мавридаш чун гурге, ки гўсфандро медаронад, тайёр аст инсони дигар, њамзоти хешро буѓї кунад, пора созад. Бахусус, агар табиати инсон майл ба берањмї до-шта бошад, ўро тарбия кардан хеле мушкил аст. Андешаи он, ки «гург-зода оќибат гург шавад» њаќ асту рост. Ба фикрам, аксарияти онњое, ки аз њабсхонањо намебароянд, ё дар муњити озод худро мутобиќ сох-та натавонанд, комилан гургсифат, даранда ва вањшї мемонанд. Барои онњо «шарафу номуси инсонї» ба маънии аслиаш бегона аст...Хонандаи азизу гиромї! Ман

шоњиди онам, ки бисёр «муфатти-шони беинсоф» барои осон шудани кор ё худ тафтишотро зуд ба анљом расонидан ба коркунони њабсхонаи ВКД-и собиќ Шўравї њамкорї кар-да, шахси гунањгорро ба камерањое, ки дар он љо гунањкорони чандин бор судшуда, «собиќадор» нигоњ дошта мешаванд, љойгир мекар-данд ва ин барои он буд, ки онњо аз тарс гуноњи нокардаро ба гардан гиранд.

Тањияи А.МУРОДЇ, «Омўзгор»

Љодапаймои иродатманд Мардонагї зарбањои таќдирро ночиз мекунад.

Демокрит

«Салом» аслан лафзи арабї буда, маъ-нояш сулњ, амонї, оштї ва тинљї мебошад. Шахси пештар саломдињанда савоби бисёр мегирад. Дар байни мардум маќоле низ аст: «Аввал салом, баъд калом». Вожаи «ассалому алайкум» ва «ваалай-

кум ассалом», ки мафњуми малењ ва хушса-дост, маънои калимаи «оромию осоиш ба шумо» ва «ба шумо оромию осоиш»-ро до-

рад, ќобили пазируфтан мебошад.Дар синф бошад, муаллим ба хонанда-

гон «салом» гуфта, дарсро оѓоз менамояд. Муаллим бояд бо камоли истеъдоду кор-

дониаш дар нињоди шогирдон хислатњои неки инсониро парвариш дињад.Истифодаи вожаи «шумо» дар бай-

ни халќњои гуногуни дунё нишони соњибмаърифат будан ва ифодаи њурмату эњтиром мебошад. Миллати кўњанбунёду соњибтамаддуни

тољик низ аз ќадимулайём аз ин истилоњи хушоянд дар мавриди ба љо овардани изза-ту эњтироми якдигар, яъне риоя маданияти нутќ аз рўи мењру садоќат истифода меба-ранд.

Истифодаи вожаи «шумо», махсусан, њангоми мурољиат бо калонсолон, падару модарон, устодон бисёр бо маврид аст. Мо баъзе синфхонањо ва роњравњои мактабро бо лавњаю навиштаљот таљњизонида, оро додем, ки ин, албатта дар баланд бардош-тани одобу ахлоќ ва маърифатнокии хо-нандагон ањамияти калон дорад.Бо ёрии роњбарони синф ва созмони

талабагї ба хонандагон доимо ќоидањои талабагї ёдрас карда шуда, чорабинињо ва дарсњои тарбиявї мегузаронем. Њар сањар пеш аз оѓоз ва анљоми

машѓулият ба воситаи радиои мактаб дар муддати 30 даќиќа панду андарзњои бузур-гон шунавонида мешавад.

Ташкил ва баргузории вохўрињои суд-манд бо собиќадорони љангу мењнат, шахсо-ни обрўманд, истифодаю намоиши филмњои њунарии хусусияти тарбиявї ва маърифатї дошта дар баланд бардоштани одобу ахлоќи хонандагон аз ањамият холї нест.Омўзгорро зарур аст, ки аз оѓози тањсил

дар нињоди шогирдон одоби муошират ва эњтироми якдигарро љой дињад.Мањз аз синну соли мактабї сифатњои

хуби ахлоќи одоби насли наврас рушду равнаќ меёбад.Ќобили зикр аст, ки дар баланд бар-

доштани одобу ахлоќ ва маърифати хонан-дагон волидон низ бояд баробари мактаб њиссагузор бошанд.

Шоњназар ЗАБИРОВ,љонишини директори мактаби

Президентї дар ноњияи Бохтар

«Салом» аслан лафзи арабї буда, маъ-

ра

го

доне

ни

АДАБ Салом оѓози тарбия аст

Page 12: Omuzgor #46 2013

№ 46, 15 ноябри соли 201312 ОМЎЗГОР ДАРС

Бо ќарори Назорати маорифи ЉХШБ дар шањри Маскав Хонаи маорифи Бухоро ташкил шуд.

Панљову њафт миллион тифл дар љањон аз тањсил дур мондаанд. Дар ин бора директори генералии ЮНЕ-СКО Ирина Бокова дар саммити байналмилалии омўзишии инноватсионие,

ки бори панљум дар пой-тахти Ќатар-шањри Доња баргузор гашт, иттилоъ до-дааст.

«Њар шахси сеюми сайё-ра аз Интернет васеъ исти-фода мекунад, 7 миллиард нафар дар љањон аз телефо-ни њамроњ истифода меба-ранд, вале дар баробари ин, ба иллати сатњи пасти мао-риф, дар љањон 250 милли-он кўдак хондаву навишта наметавонанд. Дар њоле ки

яке аз њуќуќи асосии инсон дастрасї доштан ба тањсилу омўзиш аст, дар аксари ма-молики љањон њуќуќи инсон аз ин љињат поймол карда мешавад»,- изњор доштааст Бокова ба хабаргузории ит-

тилоотии ИТАР-ТАСС.ЮНЕСКО: Миллион на-

фар кўдакони рўйи љањон ба мактаб намераванд Ба аќидаи намоян-

даи СММ дар риштаи маблаѓгузории барномаи тањсилоти инноватсионї Филипп Дуст-Блази, масъ-алаи офаридани шароити мусоид барои тањсили тиф-лон ба андозаи ниёз ба обу хўрок доштани онњо бояд бошад.

Вазорати маориф ва илми Россия рўйхати сомонањои нолозимаро пахш кардааст. Бино ба иттилои хабаргу-

зории ИТАР-ТАСС, ба мак-таббачагони Россия манъи даромадан ба сомонањои иттилоотиву торнамоњои љустуљўї дар назар аст. Ѓайр аз ин, ба талабагон мутолиаи матолиби бах-шида ба автомобил, њаёти ситорањои синамову мусиќї, сохтмон ва шањрњо иљозат дода намешавад. Ба аќидаи кормандони ин вазорат, чу-нин навъи иттилоъ ба кўдакон зарари њам љисмонї ва њам маънивї мерасонад. Аллакай сохтори мазкур рўйхати сомонањои зарароварро тартиб дода, барои баррасї ба ва-зорати алоќаи кишвараш пешнињод кардааст.

ЮНЕСКО:57 миллион кўдак дур аз тањсил

Лоињаи ќонуни нав дарФедератсияи Россия

Дарси № 5Молекулањо

Њамаи моддањо аз заррањои алоњида иборат мебошанд. Ин назария (аќида) аз љониби илми њозира тасдиќ ёфтааст. Ин заррањо молекула номида шудаанд.Молекулањои модда заррањои

хурдтарини модда мебошанд.Масалан: зарраи аз њама хурд-

тарини об молекулаи об мебошад. Агар имконият мебуд, ки 107 адад молекулаи обро дар як ќатор бо њамдигар љафс гузорем, онгоњ риш-таи дарозиаш 2 мм. њосил мешуд.Ќатраи равѓан дар сатњи об ба

ќабати ѓафсиаш наздик ба 2.10-6 м. пањн мешавад.То њатто љисмњои хурд низ аз

шумораи нињоят зиёди молекулањо иборатанд. Масалан, дар зарра-чаи хурди ќанд шумораи нињоят зиёди молекулањо мављуд мебо-шад. Њисоб карда шудааст, ки дар 1 см3 –и њаво наздик ба 27.1018 адад молекула мављуд мебошад. Барои тасаввур намудани он ки ин адад чї гуна бузург аст, пеши на-зар меорем. Агар аз сўрохии хурд дар як сония як миллион молекула гузарад, он гоњ барои гузарони-дани миќдори молекулањои 1 см3 –и њаво аз чунин сўрохї, муддати ваќти баробар ба 840 000 сол зарур мешавад.Молекулањо дар навбати худ аз

заррањои боз њам хурдтар – атомњо таркиб ёфтаанд.Масалан: чї тавре ки гуфтем,

зарраи хурдтарини об молекулаи об мебошад. Молекулаи об аз се атом иборат мебошад: ду атоми ги-дроген ва як атоми оксиген.Саволњо:1.Молекула чист?2. Шумо оид ба андозањои моле-

кула чї маълумот доред?3. Молекулаи об аз кадом

заррањо таркиб ёфтаанд?Дарси № 6

Диффузия дар газњо, моеъњо ва љисмњои сахт

Маълум аст, ки њангоми ба хона ворид сохтани ягон моддаи бўйнок, масалан: атр (вазелин, бензин, нафталин ва ѓайра), пас аз гузаштани лањзаи ваќт, бўйи он дар тамоми њуљра пањн мешавад. Пањншавии бўй аз он сабаб рух медињад, ки молекулањои атр (ва-зелин, бензин, нафталин ва ѓайра)

њаракат мекунанд.Савол ба миён меояд, ки чаро

бўй дар њуљра якбора не, балки бо гузаштани муддати муайяни ваќт пањн мешавад? Сабаб дар он мебо-шад, ки ба њаракати молекулањои љисми бўйнок молекулањои њаво муќобилият нишон медињанд. Молекулањои атр (вазелин, бен-зин, нафталин ва ѓайра) дар раван-ди њаракати худ, бо молекулањои газњои дар таркиби њаво мављуда, бармехўранд. Ин молекулањо мун-тазам њангоми зарбахўрї, самти њаракати худро таѓйир дода, бетар-тибона њаракат карда, дар њуљра пароканда мешаванд.Таљрибае мегузаронем, ки бо

ёрии он шарњ додан мумкин аст, ки њамаи љисмо аз молекулањо таркиб ёфтаанд ва онњо дар њаракати бе-фосила мебошанд.Ба мензурка мањлули купороси

мисро, ки ранги кабуди торикро дорост, мерезем. Дар лањзаи аввал байни мањлули купороси мис ва об сарњади аниќ мушоњида кар-да мешавад ва бо гузашти ваќт ин сарњад аниќии худро гум мекунад. Пас аз муддате моеъњо дар зарф ба моеи якрангаи рангаш кабудчаи равшан мубаддал мегарданд. Ин шањодати он мебошад, ки моеъњо бо њам омехта шуданд.Њодисае, ки дар натиљаи он

дохилшавии байнињамдигарии молекулањои як модда ба моддаи дигар ба вуљуд меояд, диффузия ном дорад. Диффузия дар љисмњои сахт низ

ба вуљуд меояд, лекин суръати он хеле суст мебошад. Масалан, ба бо-лои пластинањои сатњашон суфта-шудаи ќурѓошим тиллоиро болои њам гузошта, дар њарорати 200С бори вазнинеро мегузоранд, пас аз 4-5 сол молекулањои онњо ба дохи-ли њамдигар ба масофаи тахминан 1 мм. ворид мегарданд.Дар таљрибањои зикршуда

њолатњои ба дохили њамдигар во-ридшавии молекулањои моддањо, яъне, диффузияро мушоњида наму-дем.

Саволњо, машќњо, супоришњо, масъалањо:

1. Диффузия чист?2. Диффузия дар моеъњо чї гуна

љорї мешавад? Таљрибаро шарњ дињед.

3. Оид ба зоњиршавии њодисаи диффузия дар муњити атроф мисолњо биёред.

4. № 61 (Л). Чаро њодисаи диффузия дар газњо ва моеъњо, нис-бат ба љисмњои сахт зуд љорї меша-вад?Љавоб: дар газњо ва моеъњо

њаракати молекулањо ва андозаи байнашон нисбат ба љисмњои сахт зиёдтар мебошанд.

5. № 64 (Л). Агар дар зери микро-скоп ќатраи тунуккардаи ширро мегузорем, он гоњ њаракати бетар-тибонаи ќатрањои хурди равѓани шинокунандаро дар ќатраи шир дида метавонем. Ин њодисаро шарњ дињед?Љавоб: њаракати броунии

ќатрањои равѓан дар шири ту-нукардашуда ба вуљуд меояд. Аз сабаби нињоят хурд будани андозањои ќатрањои равѓани шир ва молекулањои об шумораи бархўрди байнињамдигарии онњо он ќадар зиёд нест. Азбаски молекулањои об њаракати бетартибона мекунанд, дар аксар њолат зарбаи онњо бо ќатраи равѓан њамдигарро љуброн (компенсатсия) намекунанд. Аз ин лињоз, суммаи импулсњои онњо, ки ба заррачаи равѓан дода ме-шаванд, аз сифр фарќкунанда ме-бошад, яъне, баробартаъсирку-нандаи ќуввањои молекулањои об ба ќатрачаи равѓан низ аз сифр фарќдошта, сабабгори таѓйирёбии њаракати он мешавад.

6. № 67 (Л). Суръати њодисаи диффузияро дар љисмњои сахт чї тавр зиёд намудан мумкин аст? Љавоб: барои зиёд намудани

суръати диффузия дар љисмњои сахт онњоро гарм кардан зарур ме-бошад, дар натиља суръати њаракат ва масофаи байни молекулањои ин љисмњо зиёд мешавад, ки ин њодиса сабабгори афзудани раванди диф-фузияи онњо мегардад.

7. № 68 (Л). Пуфаки резинии кўдаконаро, ки бо гидроген пур карда шудааст, дар куљо нигоњ до-штан хубтар аст: дар бинои гарм, ё дар бинои хунук?Љавоб: дар бино њарораташ паст

нигоњ доштан тавсия дода меша-вад, чунки дар њарорати паст суръ-ати њаракати молекулањо суст буда, њодисаи диффузия берун аз њудуди пуфак низ суст мегузарад.

(Давом дорад)Р. БОБОЕВ, омўзгори литсейи

№1-и ш. Душанбе, М. МАДАТОВА, директори литсей-

интернати Президентї барои кўдакони лаёќатманди Љумњурии

Тољикистон,Ё. ШАРИФОВ, омўзгори физикаи

мактаби №21-и ш. Душанбе

ФИЗИКАИ СИНФИ 7

Муќаддима: Физика дар мафњумњоимодда, майдон, фазо ва ваќт

(Идома аз шумораи гузашта)

ТАЉРИБА

Махсусан, њангоми гузаш-тани дарсњои такрорї, дарсњои љамъбастї ва дарси санљиши дони-шу малакаи хонандагон баробари истифодаи дигар усулњои таълимї аз чистонњо низ истифода бурдан ба маќсад хеле мувофиќ аст.Аз љумла, њангоми таълими

фанни таърихи халќи тољик дар синфњои 5-11 аз чистонњо ба таври

васеъ истифода бурдан боиси ба-ландшавии сатњи дониши хонан-дагон ва ќобилияти фикрронии онњо мегардад.Дуто яку дуто нуњ,Агар шавад як гурўњ.Њосил мегардад аз онСоли бисёр бошукўњ.(Соли 1991 – рўзи Истиќлолияти

давлатии Љумњурии Тољикистон)Аз ду сўй њисоб кунї,Љамъаш мешавад чордањ.З-ин рўйдоди таърихБояд ту бошї огањ.(Соли 941-вафоти сардафта-

ри адабиёти тољик Абўабдуллоњи Рўдакї ва соли 329 (пеш аз милод) њуљуми Искандари Македонї ба Осиёи Марказї)

Се нўњ њам бикун љамъ,Маќсад мешавад њосил.Аз ин рўз шуданд њамаДар зиндагонї њамдил.(27-уми июн - Рўзи Вањдати

миллї)Панљто шашро агар моЉамъ намоем ду бор,Њосил аз пушти њосил,Агар гузорем ќатор.Њосил мешавад солиФољеае дар Утрор.(Соли 1218-њуљуми вањшиёнаи

Чингизхон ба Утрор)Аъзам БОБОЕВ,

омўзгори таърих ва њуќуќи мактаби Президентї барои хонандагони болаёќат дар

ноњияи Бохтар

Чистон дар дарси таърих

Бо сабаби хатои техникї Донишгоњи Дрездени Ол-мон ќариб буд бе донишљўён ва устодон монадХабари аз кор ва дарсњо

хориљ шудани 42 њазор устод ва донишљўи ин донишгоњ дар натиљаи аз кор баромадани барномаи компютерии ин муассиса гаштааст. Баъди барта-раф гардонидани муш-килоти техникї садорати

донишгоњ аз муњассилин ва кормандонаш ба таври расмї узр хостааст. Назар ба иттилои

ИТАР-ТАСС, Донишгоњи технологии Дрезден яке аз бузургтарин муассисањо ва яке аз машњуртарин донишгоњњои Олмон ба њисоб меравад.

Тањияи СиторабонуНАЗАРОВА,

“Омўзгор”

Олмон:иштибоњ дар донишгоњ

Page 13: Omuzgor #46 2013

№ 46, 15 ноябри соли 2013 13ОМЎЗГОР ЉАШНВОРА

Хонаи маорифи Бухоро соли 1923 гурўњи љавононро ба Олмон ба хондан фиристод, ки роњбарии онро Мунзим ба ўњда дошт.

Суруди дигари Иќбол «Таронаи миллї» дар маљмўаи «Бонги даро» дар ќисмати ашъори миёни солњои 1905-1908 офаридаи шоир љой дода шудааст:

Таронаи миллїЧину Араб аз они мо, Њиндустон

аз они мо,Мо муслимему кулли љахон аз

они мо.Пур аст синаи мо аз лафзи неки

тавњид,Мушкил бувад зудудан ному

нишони мо.

Бутхонањои олам њељ аст пеши Каъба,

Мо посбони ўем, он астнигањбони мо.

Дар зери теѓи бурро морастаему бошад,

Моњи њилолханљар нангунишони мо.

Дар водињои Афранг бонги азон љарас кард,

Ором давид дар хама љо селиравони мо.

Мо нестем њамолуд бо бутлу зулму иѓво,

Ё раб, ту кардаї сад бор имтињони мо.

Эй гулситони Андалус! Дар ёд дорї он рўз?

Дар дашту водињоят буд хона-ошёни мо.

Эй мављи Даљла! Дар ёд дорї моро?

Оби равони ту то њолафсонахони мо.

Эй арзи пок! Дар роњи ту ќурбонгаштаем,

Боќист хуни њидоят андаррагони мо.

Солори корвон аст мири Њиљоз моро,

Бо номи ўст љовид оромиљони мо.

Бонги дарост гўё ашъори ноби Иќбол,

Гардад љодапаймо зи нав инкорвони мо.

(тарљ. тањтуллафзї)Аммо дар баъзе сарчашмањо

муњаќќиќин соли таълифи ин шеъ-рро ба соли 1910 нисбат медињанд, ки ин комилан ѓалат аст. «Таронаи миллї» бо вазну ќофияи «Таронаи њиндї» суруда шуда ба зудї миёни хонандагони ашъори шоир роњ меё-бад ва ба яке аз мањбубтарин суруд миёни ањли ислом табдил меёбад.Зери нигоњи шоир мафњуми

ватанхоњї аз нуќтаи назари ѓояњои исломї чандон таѓироте ба назар на-мерасад, чаро ки шоир агар дар «Та-ронаи њиндї» танњо Њиндустонро

ватан хонда бошад, пас дар «Таро-наи миллї» ў саросари оламро ватан мехонад. Чунин таѓири назар бар аќидаи аксар муњаќќиќини Иќбол аз он сарчашма мегирад, ки шоир то сафари Аврупо дар саргањи аф-кори фарњанги плуралистии њинду мусулмонї буда, баъд аз сафар аз ин тарзи тафаккур даст кашида, ба ду-нёи фалсафаи исломї ва хунёгарии љомеаи мусулмонї ќадам нињод.Чунин аќидаронї ва идомаи фикр

дар ин шеър такрор мешавад. Дар «Таронаи њиндї» шоир рў ба таран-нуми зебої ва олами назаррабои Кашмир меоварад ва аз он тафохур менамояд, ки посбони њамешагии ў ќуллањои осмонбўси Нанга Парбат ва доманањои њамешабањори манотиќи кўњсори Кашмир мебошанд. Нигоњи шоир дар масъалаи таъри-

хи диёраш касро тамоман ба њайрат меоварад. Зеро Иќбол бо як оњанг ва руњияи болида аз ќадимияти сарза-минаш сухан меронад. Ному нишо-ни њамватанонашро бо мављудияти фарњанги пурѓановати сарзами-ни Њинд алоќаманд мешуморад. Њиндро чун Љавоњирлал Нењру аз гањворањои тамаддуни башар арзёбї мекунад: «Тамаддуни Њинд аз рўи сину сол баробар аст бо хоњарони худ дар Миср, Чин ва Ироќ. Ва њатто Юнони ќадим ба њамаи инњо хоњари аз њама хурдї мањсуб мешавад». Барои субути фикри хеш Иќбол аз-байнравии фарњанги ќадимаи Юно-ну Миср ва Румро далел меорад.Чизи дигаре, ки мавриди

таваљљуњи мо гашт, ин мурољиати шоир ба ду рўдхонаи бузурги олам Ганга ва Даљла мебошад. Рў ба Ган-га овардани Иќбол дар «Таронаи њиндї» басо љолиб аст. Шоир хитоб ба Ганга мекунад ва ёдрас мешавад, ки дар хотират он замон њаст, ки корвони мо ба канори ту баррасид. Мурод аз баррасидани корвон ба аќидаи мо бо назардошти муњтавои умумии «Таронаи њиндї» на вуру-ди мусулмонон аст, балки суруши ориёиён ба сарзамини Њинд ва танг кардани ањолии муќимии он ба соњилњои уќёнуси Њинд аст, ки пас аз онњо ин сарзамин номи Ария-вартаро гирифтааст. Дар «Таронаи њиндї» аз тарафи шоир талќин ба Парбат ва ватан пазируфтани Њинд, чун суѓдиён назари мусовї доштан ба дигар мазњабњо далели таќвияти аќидаи боло мебошад.Ва аслан Иќбол марди фурўтан,

инсонпарвар ва хоксоре буд. Рољеъ ба ин муњаќќиќи шинохтаи покистонї Мумтоз Њасан менависад, ки «њамаи навъи мардум аз Машриќу Маѓриб,

њиндую мусулмон, аз габру тарсо, аз сикњњову буддої, босаводу бесавод, уламову удабо, пирону љавонон, донишљўёни донишгоњу устодони донишгоњ, пањлавонону варзишко-рон барои мулоќоти Иќбол меома-данд ва ў бо њамаи онњо бо камоли хулус ва содагї гуфтугў мекард ва барои њар навъ инсон эњтиром ме-кард».Ќисмати хотимавие, ки дарди

дили шоирро аён мекунад бо номи худи шоир алоќаманд аст. Иќбол дар «Таронаи њиндї» дар баробари та-раннуми ватан, эњсосоти бењтарини ватандорї аз фалсафаи зиндагии худ дур нарафтааст ва рў ба худии худ меоварад, ки бо вуљуди ин њама ано-сири фарогирифтаи инсон ба дарди дили одам ба љуз худи ў каси дига-ре нахоњад расид, яъне дар навбати аввал мањрами нахустини њар инсон худи ўст.

«Таронаи њиндї» дар саросари Њиндустон њамчун суруди миллии ин сарзамин шуњрат касб намуда-аст ва аз гимни давлатии Њинд «Љай Њинд» (Зинда бод Њиндустон)-и Равиндранатњ Тњакур нуфузи кам надорад.Чи хеле ки возењ мегардад, њарду

тарона дар љањони чакидањои хо-маи Иќбол вазни хосаву мазбут ва мавќеи баландеро ишѓол кардааст. «Таронаи њиндї» -ро аз «Таронаи миллї» људо кардан нашояд, зеро «Таронаи миллї» идомаи афкори силсилабастаи «Таронаи њиндї» мебошад. Агар Иќбол таљдиди на-зар дар мавриди Њинду мардумаш мекард ва баъд аз эљоди «Таронаи миллї» иддао ба инкори «Таронаи њиндї» медошт, ин шеърро соли 1924 дар маљмуаи «Бонги даро» љой намедод. Истифода аз табиати зе-боманзари Кашмиру калимаву ибо-роти марбут бо дину оини њиндуї дар баробари дигар динњои љањонї пас аз офариниши «Таронаи миллї» баёнгари побарљоии шоир дар аф-кору баёни каломи бадеъу фалсафии ўст. Чун сарчашмаи ѓизои маъна-вии Иќбол аз ду ќавму ду расму оин аст, њамин маънавият бо таќвияту таљаддуд аз ботини ў аз ду љўйбор љорї гаштааст, тафовут он ки яке љўи серобу дигаре камоб. Њифзи њама таровишњои афкори фалсафиву ада-бии Аллома Иќбол шоирро њамчун фарди кул ва комил ба њаводоронаш пешкаш менамояд ва њарсўкашињо аз лињози мансубияти динї ва ман-фиати гуруњњои људогона мусовист бо таќсимоти Иќбол њамчун фард.

Љовид ХОЛОВ,номзади илми филология

Гиряњои нимишабїСОЛГАРДИ ИЌБОЛ(Охираш. Аввалаш дар шуморањои

газашта)

Вазири нави маорифи Ќазоќистон С о м о н а и

«Навигарињои мао-рифи Ќазоќистон» хабар медињад, ки ва-зири нави маорифи Љумњурии Ќазоќистон Саринжипов Аслан Бакенович иљрои вазифањои муњимро ба зимма гирифтааст. Мавсуф бо вуљуди љавон будан корди-да аст ва метавонад наќшањои вазоратро сари ваќт амалї созад.Ў соли 1974 таваллуд шуда, Донишгоњи давлатии

иќтисодии Ќазоќистон, академияи дипломатии Ве-наро хатм кардааст, номзади илми иќтисод, солњои зиёд дар мансабњои гуногуни дипломатї буд. То ин ваќт вазифаи президенти љамъияти сањњомии «Донишгоњи Назарбоев»-ро ба ўњда дошт.

Мушкилот њал гардидАз рўзњои аввали соли тањсили равон дар

Ќазоќистон норасоии китоби дарсї мушоњида гардид. Аз телевизион навбатпоињо дар назди дари маѓоза, ба матбаањо њуљум овардани мардум намоиш дода шуданд. Аз вазъ истифода бурда, чун дар Тољикистони мо бори аввал корчаллонњо китобњои сохта, нусхавиро ба фурўш баровар-данд, ки ќиматашон арзонтар аст. Аммо сифати ин китобњо хуб нест, муќоваашон дурушт, матн нохоно, суратњо сиёњу сафед. Ба ќавли масъулони соња, дар ин бобат айби худи волидон низ њаст. Онњо огоњ буданд, ки китобњо бо маблаѓи воли-дон харидорї мешаванд. Китоб аз тарафи мактаб танњо ба камбизоатон ва онњое, ки волидонашон дар ташкилотњои буљетї кор мекунанд, дода ме-шавад. Аммо волидон то лањзаи охир умедвор буданд, ки шояд мактаб хонандагонро бо китоб таъмин мекунад.Баробари ин, гуфта мешавад, ки шумораи хонан-

дагон низ сол аз сол меафзояд. Чунончи, дар баъзе минтаќањо агар синфњои якум то ин ваќт фаќат «А» ва «Б» доштанд, имсол «Ж» ва «З» њам њаст. Агар пеш дар як синф то 60 нафар мехонд, њоло шумораи хонандагон дар баъзе синфњо то ба 120 (!) нафар ра-сидааст.

Тањияи Мањмадшарифи РУСТАМ,«Омўзгор»

Чи тавре маълум аст, дар Ќазоќистон усули Тести ягонаи миллї ба кор гирифта мешавад. Аммо муддате пеш дар бораи дар соли 2015 барњам хўрдани он сару садоњо ба вуљуд ома-данд. Ин баъзењоро хур-санд кард, дигарњо онро як ќадам ба ќафо шумо-риданд. Дар ин бора Вазо-

рати маорифи љумњурї изњорот пахш кард. Ќайд мешавад, ки таѓйироти љиддї ба амал намеояд. Тибќи наќша Тести ягонаи миллї аз соли 2015 ба ду давра таќсим меша-вад: Тести миллї ва маљмўї. Дар давраи ав-вал аз рўи панљ фан до-ниши хатмкунандагон-ро месанљанд, номгўйи фанњо ба ѓайр аз забо-

ни ќазоќї њар сол мета-вонад таѓйир ёбад. Бо маќсади муайян карда-ни малакаи андешаронї ва баёни хонанда на-виштани эссе низ дар назар дошта шудааст. Дар давраи дувум до-хилшавандагон дар мактаби олї аз рўи фанњое, ки барои их-тисосашон зарур аст, тест месупоранд.Ќайд мешавад, ки

ин кор дар асоси Бар-номаи давлатии руш-ди соњаи маорифи љумњурї барои солњои 2011-2020, ки бо фар-мони президенти мам-лакат аз декабри соли 2010 тасдиќ шудааст, амалї мегардад. Ал-лакай соли тањсили равон ин усул дар 32 мактаб таљриба карда хоњад шуд.

Маорифи ШарќМаорифи Шарќ

Тест барњам намехўрад

Ваќте ки Тољикистон истиќлолияти давлатиашро ба даст овард, баробари дигар соњањо ба рушди соњаи мусиќї диќќати махсус дод. Мактабњо, омўзишгоњњои мусиќї, консерваторияи миллї ва донишкадаи санъат таъсис дода шуд, ки дар ривољу равнаќ ёфтани соњаи мусиќї наќши бузург бозид. Њоло бастакорони мо асосан шеърњоеро оњанг мебанданд, ки истиќлолият ва музаффариятњои Тољикистонро тараннум менамоянд. Яке аз вазифањои асосии мактаб ва умуман соњаи мао-

риф низ аз ташаккул додани тарбияи эстетикї иборат ме-бошад. Мо, омўзгорони фанни суруду мусиќї дар дарсњо бояд

чунон шеърњоеро интихоб намоем, ки њангоми онњоро ба

оњанг даровардан дар замири хонанда њисси ватандўстї ва хештаншиносї пайдо гардад. Масалан, барои дарсњои синфи 6-ум шеъри «Мо тољиконем»-и Лоиќ, «Ватан»-и У. Раљаб, «Садоќат»- и К. Олимов, оханги С. Билолов; барои синфи 5-ум шеърњои «Тољат ба сар бод, эй Тољикистон»-и Н. Ќосим, «Кишварам»-и М. Турсунзода; барои синфи 4-уми «Иди Зафар»-и Б. Рањимзода, «Ватан»-и М. Мирша-кар. Суруди миллї таронаи асосии давлатї ва умумихалќии

мо аст, ки дар он тамоми орзую омоли сокинони мамлакат ифода ёфтааст. Суруди миллї чун ќоида мутантан суруда мешавад ва мардумро ба њимоя ва ифтихор аз Ватан даъ-ват менамояд. Одатан њангоми садо додани Суруди миллї рост истода гўш мекунанд, ба ин ё он тараф нигоњ намеку-нанд, намељунбанд ва гап намезананд. Њар як дастаи созмони талабагии мактаб ва иттињодияи

он суруди худро бояд дошта бошанд, ки он тараннумгари сулњ, њамкорї, ватандўстї ва хештаншиносї бошад.

А.РАЗЗОЌОВ,омўзгори суруд ва мусиќии мактаби №42 ба номи

Х.Бониёзови ноњияи Ѓончї

СОЛГАРДИ ИЌБОЛ

Ваќте ки Тољикистон истиќлолияти давлатиашро ба

овсРсН4к

Суруд тарбия мекунад

Page 14: Omuzgor #46 2013

№ 46, 15 ноябри соли 201314 ОМЎЗГОР ЗОДРЎЗ

Соли 1939 бо фармони Президиуми Шўрои Олии ИЉШС 64 нафар муаллим бо ордену медалњо мукофотонида шуданд.

АЗ ДАФТАРИ ХОТИРА

Он њангом вохўрию љамъомадњо бо шоирону нависандагон зуд-зуд баргузор мешуд. Соли 1982, ваќте ки дар курси 2 –и факултаи филологияи тољик тањсил ме-кардам, огањ гардидам, ки дар маѓозаи китобфурўшии назди кинотеатри «Ватан» (воќеан, бењтарин маѓозаи китоб буд он айём) вохўрие бо шоирони номвар - устод Бозор Собир, Мастон Шералї, Ќутби Ки-ром ва Бурњон Фаррух баргузор мегардад.Нимаи рўз буд, ки он љо љамъ ома-

дем. Аз маѓоза китобњои шоирони номбурдаро харидорї кардем. Ман китоби тозанашри устод Бозор Собир «Оташбарг»-ро харидам. Бозор Собир бароям писандидатарин шоир буд ва мемонад. Кулли маљмўањои шеърии ўро аз «Пайванд» то «Шоиру шеъре агар њаст…» дар даст дорам ва доимо гаш-таю баргашта мехонаму мехонам.

… Донишљўён ончунон зиёд гирдињам омада буданд, ки њатто, сањни китобхо-на намебурд ва анбўњи ташнагони шеър то ба берун ќатор шуда буданд. Базми шеър, дарвоќеъ, рангину хотирмон буд. Шоирон дам ба дам шеърхонї мекар-данд, ба суолњои донишљўён љавоб медо-

данд. Аз таърихи навишта шудани бархе аз шеърњои худ ќиссањо мекарданд.Ба вижа, суханронии Бозор Собир, ки

маъруфияти хосе дошт, баѓоят нотакрор ва пуршўр буд. Устод беист шеърњояшро бо лањни ба худ хос ќироат мекард. Гоњ-гоње як пиёла чойи кабуд нўшида, боз ба шеърхонии худ идома медод. Замони ги-рифтани соядастњо фаро расид. Теъдоди донишљўёне, ки мехостанд ин корро би-кунанд, хеле зиёд буд.Њар кас мехост нахустин шуда аз шо-

ири дўстдоштааш соядаст бигарад.Имрўз он лањзаро ба ёд оварда, иќрор

мешавам, ки аз њама зиёдтар донишљўён дар назди устод Бозор Собир дар навбат истода буданд.Бозор Собир бадоњатан дар њар ки-

тобе, ки дарозаш мекарданд, байте ё ќитьаи шеъре менавишт.Ва инак, пас аз кашокашу талошњо

навбати ман њам расид. Устод вараќи аввали китобро боз карданд, лањзае ба андеша рафтанд ва яке сар бардошта аз ман пурсиданд:

-Чї ном дорї?- Шодї, - бо изтироб љавоб додам.- Наѓз, наѓз додарам, - гуфт устод ва

илова кард. -Шодї номи хуб. Ва бо њуруфи ара-

биасоси форсї дарзамон байте иншо на-муданд, ки ин буд:Дар њама давр шеъри одї хуш аст, Шеъри ман аз забони Шодї хуш аст.Баъд китобро ба дастам доданду гуф-

танд: -Њамеша рўзгорат ба шодмонї гуза-

рад. Њељ гоњ дар умри хеш он ќадар

хушњолї маро фаро нагарифта буд. Китобро мекушодаму байти устодро мехондам, мекушодаму мехондам.Кунун аз он давраи донишљўї, ки

«тиллоияш» мехондем ва аз он вохўрї 31 сол гузаштааст. Ман «Оташбарг» - ро чун дигар китобњои устод ази-зу мўътабар медонам ва чун аз байни китобњо гарифта мутолиа карданї ме-

шавам, чашмам беихтиёр ба њамон бай-ти устод Бозор Собир меафтад ва хаёлам ба дуродур, ба солњои донишандўзиям меравад. 31 сол гузашта! Ку дигар устод Мастон Шералї, Ќутбї Киром, Бурњон Фаррух?Медонем, ки устод Бозор Собир

шеърњои баландмазмуне иншо мекунад, тасвирњои нодиру нобе дорад шеърњояш.

Ва аммо Мастон Шералию Ќутбї Ки-ром ва Бурњон Фаррухро бебозгашт аз даст додем. Афсўс! Худованд бињишти баринро насибашон кунад...

«Шеъри оддї». Зери ин ибора устод Бозор Собир шеъри баландпояи худро дар назар доштааст. Имрўз устод Бо-зор Собир бузургтарин шоири адабиёти тољик аст. Ба раѓми њарзагўёне, ки ўро њамчун шоири миллї эътироф кардан намехоњанд, дилпурона мегўям:

- Бозор Собир шоири бузург ва таво-нои миллат аст! Њамкорї мо, омўзгори варзида Зариф

Насриддинов, њикояти аљибе карданд:- Чанд сол ќабл ба зиёрати хонаи

Каъба рафтем. Њини гаштугузорњо яке бо гурўњи зоирони иронї дучор омадем.Онњо бо шеваи форсї сухан кардани

моро дида, аз мо пурсиданд, ки шумо афѓонед?Гуфтем: - На, мо тољикем, аз ватани

шоире њастем, ки ин шеърро навишта-аст:Исмоили Сомонї, девори Бухоро буд,Мо њамватани ўем, ў њамватани мо

буд.Мо њам кўњи хороем, девори

Бухороем,Девори Бухороем, мо њам кўњи

хороем.Яке тоифа аз Лоњур, як тоифа аз

Тўсем,Њам вориси ќомусем, њам вориси

номусем. Њамшањрии Фирдавсї, њамшањрии

Иќболем, Њамшањри ба номусем, њамшањри ба

иќболем...Ва њамин тариќ, тамоми шеъри «Ис-

моили Сомонї, девори Бухоро буд»-ро бо шўру шари беандоза хондам. Њољиёни иронї гўё ганљи бебањоеро но-хост дарёфта бошанд, «бањ - бањ, чї шеъ-ри олї» гуфта ба мо оѓўш кушоданд ва пурсиданд, ки муаллифи ин шеър кист?

- Устод Бозор Собир! - бо ифтихор гуфтам ман. -Шоири бузурги миллати мо, яъне тољикон.

- Хуш ба њоли шумо, ки чунин шои-ри миллатдўст доред, - њушњолияшро пинњон надошта гуфт яке аз онњо. Охир, мо њамхуну њамзабон ва њамватанем. Пас Бозор Собир шоири мо низ њаст! Мо бародарони тољикро дўст дорем.Ва ишон номи Бозор Собирро на-

вишта гирифтанд. Аснои худоњофизї бо ќатьият иброз доштанд, ки китоби шоир Бозор Собирро, албатга, дарёфт ва мутолиа хоњанд кард.Дигар ба ин наќл чї чизеро изофа ме-

тавон кард?.. .Ман дубора ба сафњаи «Оташбарг»

дида медўзам:Дар њама давр шеъри одї хуш аст, Шеъри ман аз забони Шодї хуш аст!Шеъри оддии шумо шеъри нодир аст,

устод!(с.2008)

Шодї РАЉАБЗОД, «Омўзгор»

Шеъри одии Бозор Собир аз забони Шодї

Он њангом вохўрию љамъомадњо бо

д

рд

д

т

Ва ин нињолњоро нури љонбахши офтоб ба воя мера-сонад. Олими бузурги давро-ни Шўравї К.А.Тимирязев 25 соли њаёти худро барои омўзиши танњо як барги растанї бахшидааст. Ва баъди 25 соли омўзиши худ мегўяд, ки танњо нури офтоб аст, ки дар барг раванди фотосинтез гузашта, моддаи органикї њосил мешавад ва асоси организмњои зинда моддањои органикї мебо-шанд. Бинобар ин, устод њам, асосњои илмии ин суханњоро ба назар гирифта, китоби худро «Офтобнињол» ном гу-зоштааст.

Маљмўи дуюми шоир «Гули хор» аст. Аз шеърњои ин китоб ман бўи гули хор-ро њис мекунам. Чунки гули хор дар рисолањо саромади тамоми авлоди гули сад-барг эътироф шудааст. Онро «Садбарги бухорої» низ ном мебаранд. Гули хор ќариб дар тамоми минтаќањои Тољикистон мерўяд. Вале бо сабабњои гуногун ин бут-таи хушбўй имрўз ањён-ањён ба чашм мерасад. Дар наз-ди гули хор кас беихтиёр таваќќуф мекунад. Чунки бўи муаттари он дилро фарањ мебахшад. Дар давраи њукмронии

Амир Олимхон нўкарони ў ба Файзобод омада, аз минтаќаи Дашти Мањтобї гулбаргњои гули хорро љамъ оварда, мебурданд ва аз он гулоб тайёр мекарданд. Ман инро барои он тавзењ мебах-шам, ки устод Бозор Собир хосиятњои ин гулро ба хубї медонад. Воќеан њам, њар кас, ки «Гули хор»-ро му-толиа намояд, ба машомаш бўи гули хор мерасад ва аз он бешак њаловат мебарад.Маљмўаи сеюми устод

«Бо чамидан, бо чашидан…» ном гирифта, ки онро на-шриёти «Адиб» соли 1987 чоп кардааст. Дар ин маљмўа низ бењтарин шеърњои устод

омадаанд, ки аз онњо аз илми зистшиносї (биология) хуб огоњ будани шоир њис карда мешавад. Масалан, дар шеъ-ри «Бо чашидан, бо шами-дан, бо чашидан» омадааст: Ман Ватанро аз ќафои

пода тањсис кардаам, Рўзу шаб бо панљ њисси

зотиам њис кардаам.Бо забону чашму гўшу бо

димоѓу дасту по,Бо чамидан, бо чашидан,

бо шамидан, бо садо.Дар дарсњои биологияи

синфи 9 боби махсус ба аъзои њис бахшида шудааст ва баъ-ди мутолиаи ин шеър њамон мавзўъњо пеши назари кас меоянд, ки ин аз донишман-дии устод Бозор Собир да-рак медињад. Забон (зоиќа), чашм (босира), гўш (сомеа), димоѓ (шомма) ва дасту по (мушак) њастанд, ки панљ аъзои њис мебошанд. Чунин шеърњоро хонда, кас беих-тиёр ба донишмандии устод Бозор Собир аз биология ќоил мешавад ва хуб эњсос менамояд, ки устод табиати диёри азизи хешро дўст ме-дорад, эњтиром мекунад.

Бадриддин ХОЛИЌОВ, директори гимназияи

№54-и ноњияи Файзобод,Аълочии маорифи

Тољикистон

МУЛОЊИЗА ИБТИКОР

Ва ин нињолњоро нури

«ирхтб«мдТбтбдтбм

Аў

Накњати «Гули хор»

Маќсад ва ањдофи «Барномаи Архимедчиён» чунин аст:

1. Хонандагоне, ки дар ин бар-нома чун ровї ширкат меварзанд, њамчун журналистони оянда ба воя мерасанд.

2. Тамоми наќшаю чорабинињои фанњои даќиќ (викторинањо, шабнишинињои математикї, љашнворањои олимон, натиљањои санљишу мониторингњои аз љониби Вазорати маориф, раёсати мао-рифи шањри Душанбе, маорифи ноњия ва маъмурияти мактаб бар-гузор гашта), тавассути бахшњои барнома эълону тавзењ мешаванд. Инчунин, чанд бахши барнома ба эљодиёти хонандагон бахшида ме-шавад.

3. Хонандагон кўшиш ба харљ медињанд, ки чизе эљод кунанд ё китобу маљаллањоро љустуљў наму-да, навигарие аз ин фанњо (физика ва математика) дарёфт намоянд, ба хотири он ки дар ин барнома ровигї намоянд ё ному насаба-шон садо дињад. Яъне, хонан-да бо њавасмандї рўй ба китобу

рўзномањо меорад.Ба тариќи намуна як шеъри

њаљвии эљоднамудаи хонандаеро меорем, ки «Шикоят аз математика» ном дорад.Њалли њисобамМан намеёбам.Кардї харобам,Математика.

Омад љамъи ту,Кўњи ѓами ту.Оњ, алами ту!Математика.

Шумур бо ангуштСахт аст чун мушт,Тарњат маро кушт,Математика.

Чї хуб, оќибат,Дидам таќсимат.Шудам таслимат,Математика.

Тоњир ЃОИБНАЗАРОВ, омўзгори риёзии мактаби №2-и

шањри Душанбе

Барномаи Архимедчиён

Page 15: Omuzgor #46 2013

№ 46, 15 ноябри соли 2013 15ОМЎЗГОР ЭЉОД

Соли 1933 дар назди Комиссариати маорифи халќи љумњурї Пажўњишгоњи илмњои педагогї ташкил ёфт.

НАВБАЊОР ОСТОНИ ИШЌ

Барои фањмо шудани њодисаи мазкур тањќиќгарон мафњуми «антигравитатсия»-ро пеш овар-данд, ки онро «Неруи нињон» меноманд ва пайдоиши ин неру њатман аз љониби «Њастии пинњон» хоњад буд. Ин неру аз худ нур хориљ намекунад, нурро мунъакис намегардонад, нурро фурў намебарад. Дидани ин неру ѓайриимкон аст. Зоњиран, гўё, ки чунин неру вуљуд надорад. «Не-руи нињон» дар тирагии мутлаќ ноаён шуда, танњо худро љињати амалкарди «антиљозиба» ошкор мегардонад, ки дар натиља 70% -и энергияи пурраи олам ба зиммаи ў хоњад афтод.(!!!) Ба ин аснод такя намуда, дар илм ба натиљае омаданд, ки олам бар асоси чањор неру касби устувориро пеша на-мудааст:

1. «Неруи нињон» дар холигоњи Кайњон, ки 70%-и неруи умумии олам бар ў тааллуќ дорад ва та-моми љирмњои бузург, њамчунин, галактикањо ва абаргаллактикањо мањз бо таъсири ў нигоњдорї ме-

шаванд.2. «Њастии пинњон»-«материяи

тира», ки ба вай 25%-и энергияи умумии олам алоќаманд аст.

3. Энергияи материяи муќаррарї (протон, нейтрон ва электронњо), ки њамагї 4%-и не-руи умумии оламро медињанд.

4. Энергияи нурафканишоти гуногун (фотонњо, нейтрино ва гравитонњо). Њангоми васеъша-вии кайњон сардшавии нураф-кании фотонњо фаротар аз 30К, нейтрино 20К воќеъ гардида буд. Шумораи пурраи фотонњо ва ней-трино таѓйирнаёбанда- дар њар сантиметри куби фазо 1000-то ме-бошад), ки њамагї 0.01%-и энер-гияи умумиро ташкил медињанд.Далелњои аз натиљањои

мушоњида њосилшудаи замони охир имкон медињанд, бигўем, ки дар тўли 7 миллиард соли баъд

аз «Инфиљори Кабир» материяи љозибапазир ( њам муќаррарї ва њам «тира») тањти таъсири «не-руи нињон» афтод ва Кайњон бо суръати нињоят суст ба васеъшавї оѓоз намуд. Зичии барионњо ва «материяи тира» кам гар-дид, вале зичии «неруи нињон» бетаѓйир монд. Њамчунон, ки дар нињоят «антигравитатсия»-«неруи нињон» ѓолиб омад ва њам акнун низоми оламро мањз ў идо-ра менамояд.Аз ин љо саволи муќаррарї

пайдо мешавад, ки «Њодисаи васеъшавии Кайњон то кай идо-ма хоњад ёфт?» Љавоб њамин аст: Агар «Неруи нињон» дар ин муддат ба чизи дигар мубаддал нашавад, њодисаи васеъшавии Кайњон абадулабад идома меё-бад. Дар акси њол фишурдаша-вии он ногузир ба њалокат оварда

мерасонад.Аммо дар ваќтњои охир наза-

рияи «Кайњони васеъшаванда ва фишурдашаванда, яъне «нафас-гиранда» низ пешнињод шудааст.Ва нињоят, «чаро»-и охирин

њамин хоњад буд, ки «Неруи нињон» чист? Аниќтараш кист?Яке аз машњуртарин дониш-

мандони замони имрўз фи-зик, Стивен Њокинг (Stephen Hawking) (Бритониёи Кабир) тасдиќ мекунад, ки Коинот бе иштирок аз љониби Худо ба вуљуд омадааст. Ў китоберо тањти унвони «Пиндори бу-зург» интишор дода, дар зимн андешањои худро баён намуда-аст. Муаллиф бар он аст, ки физикаи имрўз донишњои ко-фиро дар худ фаро гирифтааст ва метавонад комилан собит намояд, ки Кайњон дар асоси

ќонунњои он пайдо шудааст. «Ќонуни љањонии чозиба им-кон медињад фањмонем, ки ола-ми анљум метавонад худ ба худ аз њељ пайдо гардад, - мениго-рад ў. Офариниши бе Офарид-гор . Мањз њамин аст сабаб бар он, ки чаро мо вуљуд дорем ва чаро Кайњон вуљуд дорад».Он чиз аљаб аст, ки Хокинг

дар масъалаи вуљуди Худо беш-тар мавќеи миёнњолиро касб мекунад. Дар китоби машњури худ «Таърихи мухтасари ваќт», ки њанўз соли 1988 интишор дода буд, менависад, «Рўзе фаро мерасад, ки аќли инсон назарияеро рўи кор меорад, ки вай ифшогари рози офариниш хоњад буд. Аммо то он, замон лозим меояд, ки андеша на-моем: Оламу одам аз љониби Худо офарида шудааст».

Маликнеъмат НЕЪМАТЗОД, номзади илм, устоди факултаи

инноватсия ва телекоммуникат-сияи ДДБЊСТ, шањри Хуљанд

Áàðîðàì äåњ

Мењмон БАХТЇ Ìóøàêè çèðàê

ÒÎЉÈÊÈÑÒÎÍМодари ман, Тољикистонам, тўї,Шодии дил, рўњу имонам тўї.Ту ба ман монандаи љонї азиз,Кўњсори гулбадомонам тўї.

ÎÇÎÄÀÇÎÄÀÃÎÍМо хушбахти замонем,Авлоди ориёнем.Соњиби тољи Каён,Озодазодагонем.

Миллати соњибзабон,Соњиби шўњрату шон.Давлати СомониёнИфтихори ворисон.

Аз ин дар ифтихорем,Баландэътиборем.Њама љо хурраму шод,Њама љо рўи корем.

ÑÀÍÃÒ¡ÄÀАљаб зебо диёрї, Сангтўда,Диёри нурборї, Сангтўда.Канори Тољикистони шукуфоБа мисли шоњкорї, Сангтўда.

Ту њастї ифтихорам, Сангтўда,Ту њастї пуду торам, Сангтўда.Нафас бе ту маро нољўр бошад,Ки бе хоки ту хорам, Сангтўда.

Бањриддин ДОВУДОВ,мутахассиси раёсати маорифи

вилояти Хатлон

Алї БОБОЉОН

Äàð îñòîíè ìàêòàáДар њар куљо, ки будемЊангоми истироњат,Љон аз сафои мењратЊар лањза дошт роњат.

Мактаб, умеди мої,Бахти сафеди мої!

Дар сар хаёли ширин,Дар дил муроди некў,Бардам ќадам гузоремХуррам ба даргањи ту.

Мактаб, умеди мої,Бахти сафеди мої!

Дар пирањан наѓунљемАз шавќи хушмуродї,Бар рўи мо чу модарОѓўши худ кушодї.

Мактаб, умеди мої,Бахти сафеди мої!

Ìàúðèôàòîì¢çè ìîХоњї, ки доно шавї, Зўру тавоно шавї,

Аз тањи дил хон китоб,Њикмати ў бењисоб.

Он, ки китобе нахонд,Дур зи дониш бимонд.

Чун нафаси навбањорТоза нигоњаш бидор.

Сатри варо хат мазан,Як вараќ аз ў накан.

Ў чу муаллим ба мо,Њар суханаш рањнамо.

Минбари хониш – китоб,Рањбари дониш – китоб.

Њамдами дилсўзи мост,Маърифатомўзи мост.

Тањияи А.МУРОДЇ,«Омўзгор»

Аё мактаб, зи дониш дењ чароѓе,Ки худро аз худам созам суроѓе!

Бубинам, то дар ин дунё кї њастам?

Чї меояд зи омолам, зи дастам?

Фурўзон машъаламро азшарорам,

Бароре бахш бар умрам, бањорам.

Љањони пирро таъмирам омўз,Хати таќдирро тањрирам омўз.

Аё мактаб, китобатро кушода,Чињо гирам барои истифода?

Бидењ дарси тавоно зистанро,Тариќи хидмати Модар-

Ватанро.

Пайи парвозњо болу парам дењ,Ба майдон ќудрати размоварам

дењ.

Фурўзон машъаламро азшарорам,

Барорам дењ! Барорам дењ!Барорам!

Êóљî øóä èøòèњîÿì?Ягон чизе нахўрдам,Фаќат фурў бибурдам:

Атола- чил таѓора,Чил кулчаи заѓора.

Дўлона чил каљова,Чил деги мошоба.

Чил аспароба гелос,Чил шоњкоса яхмос.

Чил дона кабки бирён, Чил тарбуз аз паси он.

Чил давра ќанду њалво,Чил кўза оби дарё!

Гўед як давоям:Куљо шуд иштињоям?

На гашта метавонам,На шишта метавонам.

Шикамчаам – ќуроќур!Акнун чї чора, духтур?

Рўз аз пайи шом омад,Гурба лаби бом омад.Як муши дари хонаНаздикии дом омад.

Мушак, ки бањушак буд,Зирак ба ду гўшак буд.Чашми њаваси гурбаБар хўрдани мушак буд.

Муш роњи халосї кофт,Бар њилагарї биштофт.Дар рахнаи як деворБигрехт, рањої ёфт.

Гурба паси айвон монд,Лаб лесида њайрон монд.

Êèòîáè «Àëèôáî»Рўзи якуми хонишМењрнисову Ромиш

Китоби худ кушоданд,Болои миз нињоданд.

Пањлуи њам нишастанд,Бисёр шод гаштанд.

Гуфто муаллими мо:- Нури чашмам, бачањо,

Аз њарфу расми зебоСар мешавад «Алифбо»!

Аз муаллими доно, Аз ин китоби хоно,

Њарфи бисёр омўхтем,Асрори кор омўхтем.

Чистону таронањо,Гулчини афсонањо,

Њар чї ки хостем мо, Пайдо шуд аз «Алифбо».

Наримон БАЌОЗОДА

Бар умеди фасл мушкил нест ќатъи зиндагї,

Шавќи манзил мекунад наздик роњи дурро.

***Шарм агар бошад, бинои вањми

њастї њељ нест,Бе такаллуф як араќ селоб мебояд

маро.***

Бинои вањшати ин куњнаманзил ибрате дорад,

Ки соњибхона гар пайдо шавад, мењмон шавад пайдо.***

Надидам мењрубон дилњои аз инсоф холиро.

***Аён аст аз шикасти ранги мо вазъи

парешонї,Чї лозим шона кардан турраи

ошуфтањолиро.***

Фурўѓи ин шабистон љуз рами барќе намебошад,

Чароѓон кардаанд аз чашми оњу кўњу сањроро.

***Дар оѓўши шиканљи доми улфат

роњате дорам,Хаёли зулфи Лайло сояи бед аст

Маљнунро.***

Гар аз шўри њаводис огањї, сар дар гиребон кун.

***Чу шабнам киштии мо монда дар

гирдоби ранги гул, Насиме нест, то з–ин варта

бардорем лангарњо.

То гуњар бошад њубоб, ороиши иззат мабод,

Аз сари бемаѓз бардоред тољи шоњро.

***Ба тарки зулм золим барнагардад аз

мизољи худ.***

Машав бо тундии ў аз адўи соддадил эмин,

Ки охир рўи нарми об хоњад кушт оташро.

***Ба љои обила як ѓунча дил дорам дар

ин водї,Надонам бар кадомин хор афшонам

гулобашро.***

Хаёли љонканї зулм аст бар табъи сабукрўњон.

***Хоксорињост Бедил, равнаќи ањли

сафо,Мекунад хокистар афзун обрў

ойинаро.***

Такя бар офият аз ќомати пирїситам аст,

Бедил, аз сояи ин хамшу дадевор баро.

***Омаду рафти нафас сомони шавќи

љонканист,Зиндагї, то теша бар дўш аст,

Фарњодем мо.

ГирдоварандагонМењриддин ЃИЁСИЕВ,Сайфиддин МУРОДОВ

(Чакидањо аз ашъори Мирзо Абдулќодири Бедил)

Дар ЧАРОгоњи «чуну чаро»(Консепсияи табиатшиносии муосир)

(Аввалаш дар сањ.4)

Шоњбайтњо

Page 16: Omuzgor #46 2013

№ 46, 15 ноябри соли 201316 ОМЎЗГОР

Суњбати љонпарвар аст суњбати «Омўзгор»

Муассис: Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон

Сармуњаррир: Ноилшо НУРАЛИЕВ

Њайатитањрир:

Н.САИДОВ, Ф.РАЊИМОВ, Т.МАЊМАДОВА, Ф.ИСМОНОВ, А.РАЊМОНОВ, М.САЙФИДДИНОВ, А.МУРОДЇ (љонишини сармуњаррир), М. РУСТАМ (котиби масъул)

Почтаи электронї: [email protected]Сайти њафтанома: www.omuzgor-news.tj

Суроѓа: 734024, ш.Душанбе, к.Нисор Муњаммад, 13а. Телефонњо: ќабулгоњ – 221-63-36, љонишини сармуњаррир – 227-36-29, котиби масъул ва шуъбањо – 227-25-49

Њафтанома дар Муассисаи ХЊЊФ «Мушфиќї» ба табъ расидааст. | Индекси обуна – 68850 | Адади нашр: 29 435 нусха | Тарроњ: С. Ниёзов | Њуруфчинон: О.Љабборова ва Ш. Зафарзода

«Омўзгор» дар Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон тањти раќами 21Р – 405 19.12.2000 сабти ном шуда, тањти раќами 0018/рз, аз 14.09.2007 дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон аз нав номнавис гардидааст. Нашрия ба хотири чандандешї маводе низ ба табъ мерасонад, ки идораи њафтанома метавонад бо муаллифон њамфикр набошад ва барои онњо масъулият ба уњда нагирад. Дастхатњо ва суратњо ба муаллифон баргардонида намешаванд.

ОМЎЗГОР

ХАНДАРЕЗПАНЉ ЛАТИФА

АНЉОМ

Марде ба хонааш баргашту њамсараш ба ў бо ќањр гуфт: - Ќариб буд, ки соати деворї ба сари модарам афтад, њамагї лањзаяке пеш меафтид, вой бар њоли модарам буд.Мард бо њасрат посух дод:- Ин соати лаънатї њама ваќт

дер мекунад.ХХХ

Гиря ва даъват ба имдодро шунида, рањгузаре ба хонае даромад. Дар хона зане гиря дар гулў фањмонд, ки кўдакаш навакак тангаеро фурў бурда-аст. Он мард кўдакро аз пояш

гирифта сарозер кард ва такон дод. Танга ба замин афтод.Модар аз шодї нидо кард: -

Оњ, духтурљон! Рањмат ба шумо!

Мард посух дод: - Ман дух-тур не, нозири андозам.

ХХХБемор:- Духтур, ман метарсам, бори

аввал љарроњї мешавам.Духтур:- Бепарво бошед, ман њам

чун шумо тарсида истодаам. Ин љарроњии аввалини ман аст.

ХХХДу духтури љавон замбарак

дар даст ба њуљраи беморон да-ромада, бо диќќат ба њар як бе-мор менигаранд. Яке аз дигар мепурсад:

- Ту намедонї, ки кадоме аз ин беморонро бояд ба хонаи љарроњї бубарем?

-Не, - базўр љавоб медињад духтури љавон.Духтури љавони дигарї хуло-

са мекунад:- Ин тавр бошад, аз њама ха-

робтарашро мебарем, бардош-танаш осон.

ХХХПисарчае дар синаи љанговаре

медалњои зиёдро дида аз пада-раш мепурсад:

- Ин амакам барои чї ин ќадар медал дорад?

- Бисёр љанг кардааст, - љавоб мегўяд падар.

- Пас чаро шумо медал надо-ред? Охир, њар рўз бо модарам љанг мекунед-ку!

МИЗИ ГИРД

НАВГОНЇ

Устодони факултети филологияи ДМТ ба устоди кафедраи забони адабии муосири тољик Шуњрат Бобомуродов нисбати даргузаштиМОДАРАШ изњори тасаллият менамоянд.

Кормандони Академияи тањсилоти Тољикистон ба устоди Донишгоњи славянии Тољикистону

Россия Мунзифа Бобољонова бинобар даргузашти МОДАРАШ изњори њамдардї менамоянд.

Мафњуми «Бибиотун» ќариб ба њар тољику тољикистонї фањмост. Ў як навъ таблиѓгари соњиби са-води динист, ки аз замонњои пеш то имрўз расму оин ва маъракањои диниро байни занњо роњандозї ва сарварї мекунад. Фаъолия-ти ин тоифаи занњоро, махсусан, дар шањрњои ќадимии тољикон, аз љумла, дар ќисмати шимолу мар-казии љумњурї дар њар мањаллаву дења мушоњида кардан мумкин аст.Пурсиши дар байни 107 нафар

бибиотун гузаронидаи ташкилоти љамъиятии «Рушди устувори ин-сон» муайян сохт, ки бибиотунњо дар мањаллаву дењањо ба 13 намуд расму оинњои суннативу дорои характери динї роњбарї мекарда-анд. Ин пурсиш, њамчунин, муайян сохт, ки сатњи саводнокию доираи љањонбинии на њамаи бибиотунњо дар як поя аст. Нодида гириф-тани фаъолияти бибиотунњо ба њељ ваљњ мумкин нест. Зеро фа-

ъолияти бибиотунњо, ки ново-баста аз хоњиши мо, хоњу нохоњ љараён мегирад, тавре гуфтем, хусусиёти тарѓиботию тарбиявї дорад. Пас, таъсири ин фаъолия-ти бибиотунњо чї гуна мешавад? Оё онњо воќеан моњияти тарбиявї доранд, занону духтарони моро ба роњи дурусту созанда ва бунёд-кориву хушахлоќї њидоят карда метавонанд? Оё зарур аст, ки фа-ъолияти онњо ба танзим даровар-да шавад? Дар љумњурї ба фаъолия-

ти масљидњо ва ходимони дин (муллоњо) Кумитаи оид ба корњои дини назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Шўрои уламо назорат мебаранду фаъолияти онњоро ба танзим медароранд. Аммо фаъолияти бибиотунњоро кадом маќомот бояд ба танзим дароранд: Кумитаи оид ба корњои

дин, ё Кумитаи кор бо занон ва оила ва ё њар ду? Аз љониби дигар, оё ба ба-

ланд бардоштани сатњи саво-ду љањонбинии динию дуня-вии бибиотунњо зарурат њаст? Ва ин дар њолест, ки шумо-раи бибиотунњо минбаъд аз њисоби худомўзон ва махсусан, љавондухтарон–дастпарварони Донишкадаи давлатии исломии Тољикистон хоњад афзуд. Кадом маќомот бояд бо баланд бардош-тани сатњи саводу љањонбинии динию дунявии бибиотунњо, ба ибораи дигар, «такмили ихтисос» -и онњо машѓул шавад?Ва нињоят, бибиотунњоро мин-

баъд чї навъ ном бурдану шинох-тан дуруст аст: оё онњо институти иљтимоианд ё гуруњи иљтимої?Њамаи ин саволњо ва боз

пањлуњои дигари фаъолияти

бибиотунњо ва масъалањои воба-ста ба онњо мавзўи суњбати мизи гирде гардиданд, ки чанде пеш бо ташаббуси ташкилоти љамъиятии «Рушди устувори инсон» дар шањри Душанбе дар мавзўи «Масъ-улияти шањрвандї – њуќуќии хо-димони дин (бибиотунњо) дар назди љомеа» баргузор шуда, дар он намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Куми-таи оид ба корњои дини назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, вазоратњои маориф ва танду-рустии љумњурї, Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон, Донишка-даи идоракунии давлатї, оли-мон, њуќуќшиносон, ходимони дин, рўзноманигорон ва дигар шањрвандон ширкат варзиданд. Дар суњбат нахуст дирек-

тори ташкилоти љамъиятии

«Рушди устувори инсон» М. Иноятова дар бораи лоињаи пи-лотии «Масъулияти шањрвандї – њуќуќии ходимони дин (бибиотунњо) дар назди љомеа», ки аз љониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Хази-наи байналмилалии Роза Люк-сембург дастгирї ёфтааст, маъ-лумоти муфассал дод. Сипас њозирин дар мавзўъњои «Таъсири бибиотунњо дар ташаккули шуу-ри занњо», «Омодагии маърифатї ва мадании бибиотунњо љињати кор бо ањолї», «Муколамаи дин ва давлат–шарти рушди устувори љомеа», «Хизматчиёни давлатї дар муколамаи дин ва давлат», «Ислом дар бораи баробарии њендерї ва пешгирии зўроварї дар оила» ва ѓайра маърўзањои олимон, коршиносон ва мутахас-сисонро шунида, мубодилаи суд-манди афкор намуданд.

Бахтовари СОМИЁН

Суњбат аз фаъолияти бибиотунњо

Директори литсейи касбї – техникии раќами 17 – и ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї Обидов Салом Давлатович дар синни 51 – солагї аз олам даргузашт. Ў зодаи дењаи Аловиддини ноњияи Фархори вилоя-

ти Хатлон буд. Пас аз хатми факултети шарќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон фаъолияти худро соли 1981 ба сифати муаллими мактаби миёнаи мусиќии бачагонаи ноњияи собиќ Маскав (њоло ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї) шуруъ намуда-аст. Чанд соли дигар муаллими мактаби тањсилоти умумии раќами 54 – и ноњияи Њамадонї буд. Обидов С. Д. минбаъд дар вазифањои нозири шуъба

оид ба корњои дини њукумати ноњияи Москва, мудири фермаи мурѓпарварии совхози ба номи Одина Њошимов ва љонишини директори њамин совхоз, раиси хољагии

дењќонии «Љамолиддин» ифои вазифа намуд. Марњум аз соли 2005 дар вазифаи директо-ри литсейи касбї – техникии раќами 17 – и ноњияи Мир Сай-ид Алии Њамадонї кор мекард. Зањматњои ў бо мукофотњо ќадрдонї шудаанд. Хотираи неки омўзгори

асил, инсони шарифу накўкор Обидов Салом Давлатович дар дили њамкорону шогирдон ва пайвандону дўстонаш абадї боќї хоњад монд. Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон, Шўрои

директорони муассисањои тањсилоти ибтидоии касбии Љумњурии Тољикистон, њайати устодону донишљўёни литсейи касбї – техникии 17, ба наздикону пайвандони марњум изњори њадардї менамоянд.

Обидов Салом

Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТУ №0070831, ки онро соли 2007 мактаби миёнаи №8 (њоло 70)-и ноњияи Сомонї ба Жабаров Фаридун Мардонович додааст, эътибор надорад.

Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТУ №0067942, ки онро соли 2006 мактаби миёнаи №33-и ноњияи Файзобод ба Толи-бов Ќурбоналї Хайруллоевич додааст, эътибор надорад.

Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТУ №0187508, ки онро соли 2008 мактаби миёнаи раќами 78-и ноњияи Фирдавсї ба Исматова Нигора Акбаровна додааст, эътибор надорад.

Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТУ № 0359502, ки онро соли 2010 мактаби миёнаи №31-и ноњияи Шоњмансур ба Алиназа-ров Аминљон Акрамљонович додааст, эътибор надорад.

Шањодатномаи хизматии раќами 31 аз 23.10.2009, ки онро Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон ба Шарофова Бибињаво Љоналоевна додааст, эътибор надорад.

Маљаллаи «Маърифати омўзгор» аз шумора то шумора бештар фарогиру муњтавоманд ва созгор ба матлабу хостањои доираи васеи ањли маориф мегардад. Ба ин шуморањои навбатии маљалла (№9-10, дар як муљаллад) боз як далели тозаанд. Ин шуморањо як силсила маќолањои илмию методї, публитсистї ва гузоришњои то-заеро дар бар мегиранд, ки њамагї барои алоќамандони кори таъ-лиму тарбия судманду мададгор хоњанд буд.

«Маърифати омўзгор» ин на-вбат бо маќолаи доктори илми таърих, профессор А.Шарифзода, ки «Эмомалї Рањмон – маориф-парвар» ном гирифтааст, њусни оѓоз мепазирад. Ин маќолаи пурмазмун дар заминаи далелу арќоми фаровон хизматњои ар-зишманду мондагори Президен-ти мамлакатро дар соњаи маориф шарњу тавзењ мебахшад.Нигоштаи вазири маорифи

Љумњурии Тољикистон Н.Саидов бо номи «Љањонро ба дониш та-

вон ёфтан» хеле самимист ва мењрномаеро ме-монад нисбат ба омўзгорон ва ањли зиёи кишвар.Чанде аз

м а ќ о л а в у м у с о њ и б а њ о и маљалла ба рўзњои фархундаи мамла-кат – Рўзи дониш, Рўзи китоб, Рўзи Истиќлолият, Рўзи Рўдакї, Рўзи Мав-лоно Љалолиддини Румї, Рўзи омўзгор ва Рўзи забони давлатї бахшида шудаанд ва аз онњо ањли маориф дар раванди таълиму тарбия ба таври васеъ истифода хоњанд кард.Дар шуморањои навини

маљалла тибќи анъанаи дерин оид ба усули таълими фанњои гуногун маќолањои судманду пурмазмуни

дар заминаи таљрибаву мушоњидањо нигоштаи муаллифони фаъоли нашрия љой дода шуда-анд.Эњсос мешавад, ки

маљалла иртиботашро бо омўзгорон бештар таќвият бахшидааст ва доираи муаллифону муштариёнаш њамвора вусъат меёбад. Ва низ маљалла њар чї бештар ба таљрибаю фаъолия-ти бевоситаи ањли таъ-лиму тарбия рўй мео-варад ва дар ин замина

судмандтар барои ањли маориф мегардад ва ба як сухан, њар як шумораи он як дастури фарогиру пурманфиат ва рањнамоеро мемо-над барои омўзгорони арљманди кишвар.

А.ИЛЁСПУР, «Омўзгор»

«Маърифати омўзгор», №9-10

Маъмурият ва кормандони Пажўњишгоњи рушди маориф ба корманди илмии муассиса Шуњрат Бобомуродов нисбати вафоти

МОДАРАШ њамдардї изњор мекунанд.

Кормандони Академияи тањсилоти Тољикистон ба мудири шуъбаи АТТ,

академик Ф.Шарифзода нисбати вафоти ХОЊАРАШ њамдардї баён менамоянд.