16
41 (11902) 11 октябри соли 2013 Бењин фарди љањон омўзгор аст, Аз ў сарсабзу хуррам рўзгор аст www.omuzgor-news.tj НАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ЊАФТАНОМА АЗ 20-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 1932-ЮМ НАШР МЕШАВАД ОМЎЗГОР ÄÀÐ ÈÍ ØÓÌÎÐÀ: сањ. 4 сањ. 10 МЕЊРНОМА ПРЕЗИДЕНТ ВА МАОРИФ Эй ба сурат камзамину эй ба сират беканор, Дастгири љовидони мо ба дањри пойдор, Бањри мо буду набудї аз љањони бекарон, Бору барги мо ту њастї, эй бањори бехазон! Љони мо, эй Тољикистон! Мулки ишќу бахти мо, Љони мо, эй Тољикистон, Тољи мову тахти мо! Аз самоят файз резад бањри фарзандони ту, Аз заминат файз хезад бањри пайвандони ту, Эй самоят файзрез, ашки алам дигар марез, Эй заминат файзхез, охир ту њам бар по бихез! Љони мо, эй Тољикистон! Мулки ишќу бахти мо, Љони мо, эй Тољикистон, Тољи мову тахти мо! Чун муњаббат ту љавонї, чун хирад њастї ту пир, Офтобї, љону дилро гарм созиву мунир, Номбардори ту бодо номи неки тољикон, Ифтихори тољикон бош, эй диёри љовидон! Љони мо, эй Тољикистон! Мулки ишќу бахти мо, Љони мо, эй Тољикистон, Тољи мову тахти мо! Ìóëêè èøќó áàõòè ìî Низом ЌОСИМ сањ. 3 сањ. 5 3 октябри соли равон Прези- денти кишвар Эмомалї Рањмон дар гимназияи хонандагони лаёќатманди ба номи Абулфаз- ли Балъамии шањри Вањдат бо рафти таълиму тарбияи насли наврас шинос шуд. Тавре аён гардид, гимназия соли 2012 бо харљи 2,7 миллион сомонї мавриди навсозї ќарор гирифта, бинои дуошёнаи он ба сеошёна табдил дода шудааст. Њоло дар ин муассисаи таълимї 300 нафар хонанда тањсил меку- нанд. Гимназия дорои 20 синфхона аст ва 14-тои он синфхонањои муљањњази фаннї мебошанд. Ду синфхона барои њунаромўзии духтарон ва писарон махсус гардонда шудааст. Чунон ки иттилоъ до- данд, аксари хатмкардагони ин гимназия ба муассисањои тањсилоти олии дохил ва хориљи кишвар шомил гарди- да, бо нишондодњои баланд тањсил мекунанд. Мањсули эљод ва ихтирооти хонандагон ва чанде аз хат- мкардагони ин боргоњи маъри- фат дар ошёнаи якуми бино ба намоиш гузошта шуда буд, ки мавриди таваљљуњи хос ќарор гирифт. www.president.tj Гимназия фаъолияташро такмил медињад Истилоњот бознигарї мехоњад Балљувон ва Ховалинг: шароит њаст, таълим чї? Кори бачањо мењнат аст ё шиканља?-2 Мактаб дар мадди назари мост ДАСТГИРЇ БУНЁДКОРЇ 8 октябри соли равон дар марка- зи ноњияи Дарвоз Сарвари давлат Эмомалї Рањмон ба 21 нафар наврасону љавонони ноњияњои Ванљу Дарвоз, ки аз падар ва њам аз модар ятим мондаанд, ёрии моддї расонд. Ба њар яки онњо дафтарчањои амонатї аз Бонки давлатии амонатгу- зории Амонатбонк бо зиёда аз якуним њазор сомонї пасандоз, маљмўи пурраи сару либоси зимистона ва туњфањои хотиравї таќдим гардид. Ин наврасону љавонон, ки воќеан ба ёриву дастгирии мардуми саховатпеша ниёз доранд, аз ин таваљљуњи хоси Сар- вари давлат Эмомалї Рањмон ба онњо ва ѓамхории доимии ў ба табаќањои ниёзманди ањолї хушњол гардида, ба ў арзи сипос карданд. Ёрї ба ятимон 8 октябр дар маркази ноњияи Ванљ бо ишти- роки Президенти киш- вар Эмомалї Рањмон як толори варзишии дорои 300 љойи нишаст мавриди бањрабардорї ќарор ги- рифт, ки барои намудњои гуногуни варзиш бо тамо- ми шароити муосир бунёд ёфтааст. Тавре иттилоъ доданд, ин толор дар муд- дати 3 моњ бо харљи 2,5 миллион сомонї сохта шудааст. Бо хушнудї зикр гар- дид, ки пас аз мулоќоти Президенти кишвар Эмомалї Рањмон бо вар- зишгарони љумњурї, ки моњи декабри соли 2010 баргузор гардида буд, дар Тољикистон то имрўз 2,5 њазор иншооти варзишї бунёд ёфтааст. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон бо вар- зишгарони ноњияи Ванљ, ки дар риштањои гуногу- ни варзиш, хусусан, дар намудњои гуногуни гўштин дар дохил ва хориљи киш- вар дастовардњои намоён доранд, суњбат намуда, онњоро ба фатњи ќуллањои нав ба нав ва кулли љавонону наврасонро ба тарзи њаёти солим њидоят намуд. «Ховар» Толори варзишї дар Ванљ

Omuzgor #41 2013

  • Upload
    -

  • View
    280

  • Download
    0

Embed Size (px)

DESCRIPTION

 

Citation preview

Page 1: Omuzgor #41 2013

№ 41 (11902)11 октябрисоли 2013

Бењин фарди љањон омўзгор аст,Аз ў сарсабзу хуррам рўзгор аст

www.omuzgor-news.tjНАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

ЊАФТАНОМА АЗ 20-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 1932-ЮМ НАШР МЕШАВАД

ОМЎЗГОР

ÄÀÐ ÈÍ ØÓÌÎÐÀ:

сањ. 4

сањ. 10

МЕЊРНОМАПРЕЗИДЕНТ ВА МАОРИФ

Эй ба сурат камзамину эй ба сират беканор,Дастгири љовидони мо ба дањри пойдор,Бањри мо буду набудї аз љањони бекарон,Бору барги мо ту њастї, эй бањори бехазон!

Љони мо, эй Тољикистон!Мулки ишќу бахти мо,Љони мо, эй Тољикистон,Тољи мову тахти мо!

Аз самоят файз резад бањри фарзандони ту,Аз заминат файз хезад бањри пайвандони ту,Эй самоят файзрез, ашки алам дигар марез,Эй заминат файзхез, охир ту њам бар по бихез!

Љони мо, эй Тољикистон!Мулки ишќу бахти мо,Љони мо, эй Тољикистон,Тољи мову тахти мо!

Чун муњаббат ту љавонї, чун хирад њастї ту пир,Офтобї, љону дилро гарм созиву мунир,Номбардори ту бодо номи неки тољикон,Ифтихори тољикон бош, эй диёри љовидон!

Љони мо, эй Тољикистон!Мулки ишќу бахти мо,Љони мо, эй Тољикистон,Тољи мову тахти мо!

Ìóëêè èøќó áàõòè ìîНизом ЌОСИМ

сањ. 3

сањ. 5

3 октябри соли равон Прези-денти кишвар Эмомалї Рањмон дар гимназияи хонандагони лаёќатманди ба номи Абулфаз-ли Балъамии шањри Вањдат бо рафти таълиму тарбияи насли наврас шинос шуд.Тавре аён гардид, гимназия

соли 2012 бо харљи 2,7 миллион сомонї мавриди навсозї ќарор гирифта, бинои дуошёнаи он ба сеошёна табдил дода шудааст.

Њоло дар ин муассисаи таълимї 300 нафар хонанда тањсил меку-нанд.Гимназия дорои 20 синфхона

аст ва 14-тои он синфхонањои муљањњази фаннї мебошанд. Ду синфхона барои њунаромўзии духтарон ва писарон махсус гардонда шудааст.Чунон ки иттилоъ до-

данд, аксари хатмкардагони ин гимназия ба муассисањои

тањсилоти олии дохил ва хориљи кишвар шомил гарди-да, бо нишондодњои баланд тањсил мекунанд.Мањсули эљод ва ихтирооти

хонандагон ва чанде аз хат-мкардагони ин боргоњи маъри-фат дар ошёнаи якуми бино ба намоиш гузошта шуда буд, ки мавриди таваљљуњи хос ќарор гирифт.

www.president.tj

Гимназия фаъолияташро такмил медињад

Истилоњот бознигарї мехоњад

Балљувон ва Ховалинг: шароит њаст, таълим чї?

Кори бачањо мењнатаст ё шиканља?-2

Мактаб дар мадди назари мост

ДАСТГИРЇ БУНЁДКОРЇ

8 октябри соли равон дар марка-зи ноњияи Дарвоз Сарвари давлат Эмомалї Рањмон ба 21 нафар наврасону љавонони ноњияњои Ванљу Дарвоз, ки аз падар ва њам аз модар ятим мондаанд, ёрии моддї расонд.Ба њар яки онњо дафтарчањои

амонатї аз Бонки давлатии амонатгу-зории Амонатбонк бо зиёда аз якуним њазор сомонї пасандоз, маљмўи пурраи сару либоси зимистона ва туњфањои хотиравї таќдим гардид.Ин наврасону љавонон, ки воќеан ба

ёриву дастгирии мардуми саховатпеша ниёз доранд, аз ин таваљљуњи хоси Сар-вари давлат Эмомалї Рањмон ба онњо ва ѓамхории доимии ў ба табаќањои ниёзманди ањолї хушњол гардида, ба ў арзи сипос карданд.

Ёрї ба ятимон8 октябр дар маркази

ноњияи Ванљ бо ишти-роки Президенти киш-вар Эмомалї Рањмон як толори варзишии дорои 300 љойи нишаст мавриди

бањрабардорї ќарор ги-рифт, ки барои намудњои гуногуни варзиш бо тамо-ми шароити муосир бунёд ёфтааст. Тавре иттилоъ доданд, ин толор дар муд-дати 3 моњ бо харљи 2,5 миллион сомонї сохта шудааст.Бо хушнудї зикр гар-

дид, ки пас аз мулоќоти Президенти кишвар Эмомалї Рањмон бо вар-зишгарони љумњурї, ки

моњи декабри соли 2010 баргузор гардида буд, дар Тољикистон то имрўз 2,5 њазор иншооти варзишї бунёд ёфтааст.Сарвари давлат

Эмомалї Рањмон бо вар-

зишгарони ноњияи Ванљ, ки дар риштањои гуногу-ни варзиш, хусусан, дар намудњои гуногуни гўштин дар дохил ва хориљи киш-вар дастовардњои намоён доранд, суњбат намуда, онњоро ба фатњи ќуллањои нав ба нав ва кулли љавонону наврасонро ба тарзи њаёти солим њидоят намуд.

«Ховар»

Толори варзишї дар Ванљ

Page 2: Omuzgor #41 2013

№ 41, 11 октябри соли 20132 ОМЎЗГОР ДАСТОВАРД

ИСТИЌБОЛ ИФТИХОР

Нахустин нозири маорифи Тољикистон ходими сиёсию давлатї Аббос Алиев (солњои 1924-1927) буд

Касе, к – ў боварии халќроарзанда мегардад,

Ба њар кас дўстрў њархонаро зебанда мегардад.

Мавриди сафари корї Пре-зиденти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон (03.10.2013) ба шањри Вањдат аз гимназияи хонандагони лаёќатманди ба номи Балъамї ба дарси химия ворид шуд. Дарс дар синфи 11Б мегузашт, ки масъулияти роњбариашро ба зимма дорам. Аз шумораи 18 нафар хонан-дагони соли гузашта 13 нафар бо бањои хубу аъло тањсил до-штанд. 11 нафар иштирокчии олимпиада ва дигар озмунњои дохилї ва хориљї мебошанд. 2 нафар - Гулнора Ќодирова ва Шањриёр Љабборов - барандаи идрорпулии Президентї, 3 на-фар - Шодмон Нозирзода, Гул-ноза Акрамова, Мањинабону Холзода гирандагони идрор-пулии раиси шањр, 3 нафари дигар - Комрон Мањмадиев, Абдулмуталиб Нозиров, Мењрубон Давлатёрова гиран-дагони идрорпулии гимназия буданд. Њамаи толибилмон касби ояндаи худро интихоб намуда, дар риштаи дилхоњи хеш таълим гирифта истода-анд. Хонандагон Г.Ќодирова, А.Нозиров, М.Холзода до-рандагони медалњои тилло ва нуќра аз фанњои химия ва забону адабиёти тољик дар олимпиадањои љумњуриявї ва байналмилалї мебошанд.Ман њамчун роњбари синф

аз он ќаноатмандам, ки шо-гирдонам рўзи 3-юми сентя-

бри соли љорї бевосита сабаќи Сарвари давлатро гирифтанд. Аз наздик бо раиси тољикони љањонї, муњандиси сулњу истењкомбахши Истиќлолияти Тољикистон, Президент ва Ќањрамони Тољикистон суњбат доштанд. Сиёсати сулњофаринї садри аъзами кишвари моро мањбуби дилњо гардонд. Самти афзалиятнок эълон шудани соњаи маориф аз наљибтарин тартиби дав-латдории Эмомалї Рањмон аст, ки ояндаи ободи ватан-ро таъмин мекунад. Имрўз дар синфхонањои тозаву озо-да дарс гуфтан ба њавсалаи мо њавсала зам мекунад. Ин хушї аз лутфи Худованди ка-рим ва заковати давлатмар-дии Ќањрамони Тољикистон Эмомалї Рањмон аст. Бо хо-нандагон вохўрдани Президент барои ману шогирдонам дар мавриди худшиносии миллї, донишдўстї, хушахлоќї ба воќеаи фаромўшнопазир таб-дил ёфт. Ваќти аз синф баромадан

Љаноби Олї дарди дили хо-нанда Идибек Сафаровро гўш карданд. Бо дастури Прези-дент Идибек барои дарёфти квота ба Донишгоњи тиббї имтиёз пайдо кард. Чунин ѓамхорї бори дигар собит сохт, ки Президенти мо дар њаќиќат, ятимпарвар аст.

Карим РАЊИМОВ, Аълочии маорифи Љумњурии Тољикистон, омўзгори гимна-

зияи хонандагони лаёќатманди шањри Вањдат

Дўстрўи њар хонадон Истиќлол чењраи пойтахти кишварамон шањри зебои Ду-шанберо њам дигар кард. Њар рўз дар ин љо як тозакорї, як навигарї ба назар мерасад. Онњое, ки дар 10-15 соли охир ба инљо наомадаанд, њатман ан-гушти њайрат мегазанд. Марка-зи шањр тарњи замонавї гирифт. Бунёд шудани Боѓи Рўдакї яке аз корњои бузурги замони Истиќлол аст. Фавворањои зебо-ву назаррабо њар як бинандаро мафтун мекунад. Њайкали устод

Рўдакї рамзи љавонии милла-ти мо ва нишони љовидонии ашъори ў аст. Ин боѓ метавонад дар зењну шуури њар як наврас афкори ватанпарастона, ишќи илму адабро парвариш дињад. Зеро устод Рўдакї боѓбони боѓи адаб буд. Мо аз шеърњои ў ан-дарзи зиндагонї, одамият ва ватандўстї меомўзем. Ваќте ки шеъри «Бўи љўи Мўлиён»-ро ме-хонем, аз он бўи Ватан меояд.Бинои дигаре, ки дар таъри-

хи Тољикистони навин љойгоње хос дорад, Китобхонаи миллї аст. Ин махзани маърифат њам ба шарофати Истиќлол бу-нёд гашт. Дар замони Шўравї мо чунин иморати бошукўњу барњаво ва бо тамоми ашё муљањњазро орзу мекардем. Имрўз дари ин боргоњи илм ба рўи дўстдорони дониш боз аст. Агар ба гузашта нигоњ ку-нем, мебинем, ки миллати моро илму фарњанг наљот додааст. Ниёгони мо дар њама замон хи-радпарвару њунардўст буданд.

Тарѓиби илму дониш дар осори њамаи бузургони сухан љой до-рад. Душанбеи зебои мо – нус-хаи шањрњои бостонии марду-ми мо аст, ки дар давоми њазор соли гузашта маркази маданї, пойгоњи илму адаб буданд. Дар Китобхонаи миллї дањ милли-он нусха китоб љой мегирад. Ин ганљина гаронбањотарин сарвати миллат аст. Мо бояд ин меваи дарахти истиќлолро эњтиёт кунем, зеро пайванди маънавии наслњо ягона воситаи пойдории миллат аст. Илова ба ин, Китобхонаи миллї ме-

тавонад робитањои фарњангии мардуми моро бо давлатњои дигар барќарор ва мустањкам кунад. Амалї шудани ин наќша мавќеи давлати моро дар љањон мустањкам мекунад.Дар замони мо яке аз

мавзўъњои муњими њаёти мар-дум тарбияи худшиносї ва

ватандўстии насли наврас аст. Њукумати љумњурї ба ин мавзўъ њам эътибори љиддї медињад. Оре, Душанбеи зебо дар даврони Истиќлол дигар-гун гашт. Мо танњо аз се иншо-оти бузурги маданї, аз се љойи нињоят муњими ин шањри азиз ёд кардем. Њол он ки симои хиёбону кўчањои пойтахт њам зеботар шудааст. Гулгаштњои фарањбахш, растањои тозаю озода, њар як бинандаро ба ваљд меорад. Ќарзи фарзан-дии њар як сокини пойтахт ва њар як тољикистонї аст, ки

ин дастовардњоро эњтиёт ку-над. Барои боз њам зеботару замонавї шудани пойтахт саъй намояд, зеро пойтахти кишвар – чењраи давлати миллї аст.

Давлатой АШЎРОВА, омўзгори забон ва адабиёти

тољики литсейи тољикї-туркии шањри Турсунзода

Душанбе – шањри ободон

САФАРИ КОРЇ

Нимаи дуюми рўзи 18-уми октябр Президенти кишвар Эмомалї Рањмон ба ноњияи Дарвоз ташриф оварда, нахуст бо бозмондањои шањри бостонии Карон бевосита шинос шуд.Тавре зикр гардид, ин шањр

таќрибан 4 њазор сол пеш бунёд ёфта, ба даврони тамаддуни ориёиё-ни бостонї рост меояд. Маъбадњое, ки дар натиљаи њафриёти бостонши-

носон пайдо шудаанд, аз пайраво-ни оини зардуштї будани сокино-ни ин шањр гувоњї медињад. Дар он бозмондањои маъбади панљманори оташ, маъбади об, ду маъбади бод, осиёби бодї, лавњи китоби Ава-сто, майдони калони чавгонбозї, маљлисгоњњо ва биноњои маъмурию истиќоматї ба назар мерасанд.Тибќи пешгўии олимони бостон-

шинос боќимондањои деворњои

ињотавї аз он гувоњї медињанд, ки ин шањри њокимнишин таќрибан дар масоњати 100 га доман пањн намуда будааст.Ба Сарвари давлат Эмомалї

Рањмон аз љониби шоири шањири тољик Муъмин Ќаноат рамзи таъ-рихии шањри Карон, ки нишонаи бостонї будани оини шањрсозї ва давлатдории миллати тољик аст, таќдим гардид. Њамчунин, аз љониби

олими шинохтаи тољик Нодир Оди-лов дастхати панљсадсолаи Ќуръони Карим ва аз љониби собиќадори кор Одил Бердиев љома њадя карда шуд. Дар ин љо, њамчунин нусхањои ноди-ри китобњои пурарзиши таърихию фарњангї дар маъраз буданд, ки ќисме аз онњо бо оби тилло навишта шудаанд.

«Ховар»

Шиносої бо бозмондањои шањраки бостонии Карон

Page 3: Omuzgor #41 2013

№ 41, 11 октябри соли 2013 3ОМЎЗГОР ТАЉЛИЛЉАШНИ РЎЗИ ОМЎЗГОР

ЧОРАБИНЇ

БУЗУРГДОШТ

КОНФРОНС

Кормандони Назорати маориф 15 марти соли 1925 нахустин рўзнома бо номи «Иди тољик»-ро бароварданд.

Бахшида ба Рўзи за-бон бо ташаббуси Вазо-рати маорифи Љумњурии Тољикистон Конфронси илмї-амалии љумњуриявї оид ба «Тањияи фарњангу истилоњоти соњавї-омили рушди татбиќи забони давлатї» баргу-зор гардид. Дар он кор-мандони дастгоњи мар-казии Вазорати маориф, муассисањои тобеи он, намояндагони илму адаб ва муассисањои тањсилоти олии касбии љумњурї ширкат варзиданд. Конфронсро бо сухани муќаддимавї муовини аввали вазири маорифи Љумњурии Тољикистон Фарњод Рањимов ифтитоњ бахшид. Раиси Кумитаи за-

бон ва истилоњоти наз-ди Њукумати Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои филологї, про-фессор Додихудо Сай-миддинов њозиринро ба Рўзи забон табрик намуда, мавзўи бањси конфронсро хеле муњим арзёбї кард. Таъкид на-муд, ки забони тољикї аз оѓози пайдоиш то ба ин рўз густаришу суфта гар-дида, маќому манзалати хешро аз даст надодааст. Бинобар ин, дар корбасти истилоњоти соњавї бояд

арзишњои миллї, таърихї ва фарњангї ба назар ги-рифта шаванд. Њамчунин, Додихудо Саймиддинов аз иќдомоти Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар мавриди њифзу асо-лати забони тољикї њамчун таљассумгари истиќлолияти кишвар ёдовар шуда, ба кори кон-фронс барору комёбињо орзу намуд.Сипас, дар љараёни

конфронс як ќатор

мавзўъњо аз љумла, «Тањияи фарњангу истилоњоти соњавї оми-ли рушд ва татбиќи за-бони давлатї», «Истилоњ ва истилоњофарї-омили ѓановатї забон», «Наза-ре ба истилоњоти техни-

кии луѓати русї-тољикии нашри соли 1975», «Истилоњоти марбут ба дарахтони мевадињанда дар шеваи љанубї ва љануби шарќии забони тољикї», «Истилоњоти нав ва маќоми онњо дар рушди забони муоси-ри тољикї», «Раванди ташаккули истилоњоти соњавї ва мушкилоти он», «Фарњанги истилоњоти тиб-омили татбиќи за-бони давлатї», «Баъзе масъалањои ташаккули

истилоњоти њуќуќї ба за-бони тољикї» аз љониби устодони муассисањои олии касбии љумњурї мавриди баррасї ќарор гирифт.

Ноилшо НУРАЛИЕВ,«Омўзгор»

Њамасола якшанбеи њафтаи ав-вали моњи октябр дар Тољикистони соњибистиќлоли мо Рўзи омўзгор љашн гирифта мешавад. Дар ин иртибот њафтаи гузашта дар маљлисгоњи Дониш-кадаи љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маориф бо иштироки кормандони дастгоњи мар-

казии Вазорати маориф ва кормандони муассисањои то-беи он љамъомади тантанавї баргузор гардид.Вазири маорифи Љумњурии

Тољикистон Нуриддин Саи-дов рољеъ ба наќши омўзгор њамчун рањнамои ањли љомеа суханронї намуда, таъкид кард, ки нони омўзгори асил ба монанди нони дењќон њалол аст.

-Зеро агар дењќон ба пар-вариши ѓизоњои моддї сари кор дошта бошад, омўзгор парваришгари рўњу љисми инсон мебошад, -таъкид дошт вазир. - Бинобар ин, омўзгор бо рисолати азалиаш дар њама давру замон таълимгару тарѓибгари рўзгори ободу осоишта буда, дифоъ аз манфиатњои умум мекунад, мушкило-ти љомеаро гирењкушої ва њамагонро ба маърифатмандї роњнамої ме-кунад. Њамин аст, ки дар даврони соњибистиќлолии кишварамон Прези-денти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар сиёсати маорифпарваронаи хеш ба соњаи маориф афзалият бах-шида, омўзгорро «шањсутуни низоми таълиму тарбия» медонанд. Дар оѓози соли тањсили равон зиёд кардани мао-

ши омўзгорон бо иќдоми Сарвари дав-лат далели боз њам таваљљуњи бештар ба соња мебошад. Чанде пеш Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мао-риф» бо таљдиди назар ба тасвиб расид ва боварї дорам, ки амалї гардидани ќонуни мазкур ба он мусоидат мена-мояд, ки вазъи иљтимоии кормандони соњаи маориф беш аз пеш рушду нумуъ меёбад.

Бо ин њама ниятњои нек Нуриддин Саидов њозиринро бори дигар ба муно-сибати Рўзи омўзгор самимона табри-ку тањният гуфта, дар татбиќи сиёсати иљтимоии давлат дар соњаи маориф ба-рору комёбињо таманно намуд.Дар анљом як ќатор кормандони

дастгоњи марказии Вазорати маориф ва муассисањои тобеи он барои фаъолия-ти бенуќсонашон дар соњаи маориф бо «Ифтихорнома» ва нишони «Аълочии маорифи Тољикистон» ќадрдонї шу-данд.

«Омўзгор»

Тарѓибгари рўзгори осоишта

Истилоњоти соњавї-омили рушди забон

Дар конфронс устодони мактабњои олї, дониш-мандону забоншиносони маъруф ширкат варзиданд. Дар чорабинї, ки аслан бахшида ба Рўзи забон бар-гузор гашта буд, як ќатор маърўзањо доир ба истифо-даи бамавриди истилоњоти соњавї мавриди баррасї ќарор гирифтанд. Дар ифтитоњ раиси Ку-

митаи забон ва истилоњоти назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, доктори илми филология, профессор До-дихудо Саймиддинов су-хан кард. Д.Саймиддинов ба иштирокдорон итти-лоъ дод, ки рўзњои наздик «Фарњанги имлои забони тољикї» ба дасти хонанда-гон мерасад ва он гоњ мут-маинан монеањои мављуда мавриди бањсњои забонї то андозае коњиш хоњанд ёфт.

-Танзим ва њамгунсозии истилоњот аз масъалањои мубрами рўз буда, он ба-рои ба забони илм табдил

додани забони давлатї заминаи мусоид фароњам меорад, - таъкид кард ў. – Дар ин роњ танњо та-вассути њамкорињои пай-вастаи пажўњишгоњњо, муассисањои илмию тањќиќотї ва дигар маќомоти дахлдор муваффаќ шудан мумкин аст. Мо аз њисоби оли-мону муњаќќиќони сар-шиноси кишвар чунин як гурўње тартиб додем бо номи Шўрои њамгунсозии истилоњот, ки бовар до-рем, барои ба њадаф на-здик шудан ба мо осонтар мегардад. Моро мебояд њар чї

бештар аз истифодаи истилоњоти бегона худдорї намоем. Дарвоќеъ, ваќте дар таърихи забон шакли тољикии калима вуљуд до-рад, њељ зарурат ба исти-фодаи вожаи бегона наме-монад. Ба андешаи ноиби пре-

зиденти Академияи илмњои

Тољикистон Кароматулло Олимов бошад, дар ин мав-рид сарфи назар кардани омилњои таърихї чандон љоиз нест.

-Таърих тохтутозњои зиёдро дида, аз ин љињат забон њам бетаъсир на-мемонад, - изњор намуд ў. – Якбора даст кашидан аз истилоњњои шўравї ба осонї даст намедињад. Д.Саймиддинов дар

ин маврид ба љои кали-маи «яроќ» љорї шудани калимаи «силоњ»-ро дар истифода мисол оварда, таъкид кард, ки мо бояд аз ин иќдом даст накашем ва пурќувватии забони худро собит карда тавонем. Дар пайи ин

баромадњо донишман-дон аз муассисањои тањсилоти олии кишвар Т.Шокиров, Ш.Кабиров, А.Рањмонов, Т.Вањњобов, К.Вазиров, С.Њалимова, А.Юсуфов, П.Нуров. У.Меликов, З.Љалилов, А.Холиќов дар бораи истилоњ, истилоњсозї, истилоњшиносї ва монеањо дар роњи он, истилоњоти соњавї (астрономї, забоншиносї, геология, адабиётшиносї, тиббї, њуќуќшиносї, компютерї) ва корбурди он дар забо-ни тољикї маърўзањо ироа карданд.

Саида НАБИЕВА

Истилоњот бознигарї мехоњад

Дар конфронс устодони додани забони давлатї

ТОрољ

ззмўао

Дар Донишкадаи љумњуриявии так-мили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маориф конфронси љумњуриявии илмї – амалї бахшида ба рўзи забони дав-латии Љумњурии Тољикистон дар мавзўи «Наќши забони давлатї дар баландбар-дории мањорати касбии омўзгор» барпо

гардид. Муовини аввали вазири маорифи Љумњурии Тољикистон, доктори илми фи-зика ва математика Фарњод Рањимов дар ифтитоњи конфронс аз бузургї, назокат ва латофати забони ноби тољикї ёдовар шуд. Номбурда гуфт, ки забони тољикї таърихи ќадима дошта, њамвора рушду нумуъ меёбад, ѓановати худро афзун ме-гардонад. Муњаррири шуъбаи њафтаномаи

«Омўзгор» Шодї Раљабзода дар мавзўи «Марњилањои таърихии инкишоф ва рушди забони тољикї» андешаронї на-муда, дар тараќќї ва инкишофи забон сањми устод Садриддин Айнї ва пай-

равони эшонро мусбї арзёбї намуд. Ў зикр кард, ки тозагии забони тољикї ба-хусус дар замони истиќлолияти давлатии Тољикистон боз њам ба назар мерасад ва дастуру супоришњои роњбари давлат дар ин самт чашмрасанд. Сармуњаррири маљаллаи «Роњнамои

омўзгор» - и ДТМК- и ВМКБ Ш. Саидиброњимов дар мавзўи «Забон - ка-

лиди такмили ихтисос», мудири кафе-драи психология, педагогика ва методи-каи таълими ДЉТИБКСМ М. Ѓиёсиев дар мавзўи «Афкори адабї, фалсафї, педагогї ва равоншиносии Умар Сафар дар ќиссаи «Садое аз хилват», муовини ректор оид ба корњои илм ва иноватсияи ДЉТИБКСМ А. Орифов оид ба мавзўи «Истиќлолият ва рушди забони тољикї» суханронї карданд. Сипас, маърўзањо доир ба мавзўи зик-

ргардида дар ду бахш шунида шуд.

Њотами ЊОМИД, «Омўзгор»

Забон ва мањорати омўзгор

Вазири маорифи Љумњурии Тољикистон Нуриддин Саидов зимни сафари ко-рии худ дар шањру ноњияњои минтаќаи Кўлоб вазъи сохтмону барќарорсозии муассисањои таълимиро мавриди санљиш ќарор дод. Н.Саидов ба корњои ободо-ниву кабудизоркунии мактаби Президентии шањри Кўлоб, ки барои 640 нафар хонанда дар сатњи меъёрњои байналмиллалї сохта шудааст, шинос шуда, аз кори

сохтмончиён изњори ќаноатмандї намуд. Мактаби Президентї аз бинои асосии таълимї, китобхона, толори маљлисгоњ, майдончаи варзишї, ошхона, толори китобхонї ва бинои 9 -ошёнаи 38 њуљрадор барои омўзгорон иборат буда, ба ќабули хонандагон тайёр аст. Сипас, вазири маориф ба омўзгорону толибилмони мактаби Президентї лавозимоти варзишї туњфа намуд. Дар нимаи дуюми рўз Нуриддин Саидов сафари кории худро идома дода, аз љараёни сохтмону барќарорсозии мак-таби тањсилоти миёнаи умумии №31-и ноњияи Восеъ ва мактаби тањсилоти миё-наи умумии №8- и ноњияи Фархор шинос шуда, ба масъулини соња љињати иљрои сариваќтии корњои сохтмонии мактабњои номбурда дастуру супоришњои мушаххас дод.

Шариф АБДУЛЊАМИД, «Омўзгор»

ВАЗОРАТ ВА НАЗОРАТ

Боздид аз мактабњои нав

Page 4: Omuzgor #41 2013

№ 41, 11 октябри соли 20134 ОМЎЗГОР РАЊОВАРДБАРДОШТ

Аз шумораи дувум «Иди тољик» номи «Бедории тољик»-ро гирифт, ки сармуњаррири он Аббос Алиев буд.

Сохтмону азнавсозї ва таъмиру тармими мактабњо дар са-росари кишвар босуръат идома дорад. Ин њама, албатта, бо маќсади ба тањсил фаро гирифтани хонандагон ва ба шарои-ти муосир мувофиќ кунонидани таълимгоњњо мебошад. Тавре маълум аст, дар аксар навоњии дурдасти кишвар хонандагон дар хонањои истиќоматї ё худ вагонњо таълим мегирифтанд, ки бо мурури замон дар чанд соли наздик ин мушкилї низ роњи њалли худро ёфт. Бо пуштибонї аз Њукумати кишвар Вазорати маориф дар њамкорї бо дигар ташкилоту сохторњо њатто дар дурдасттарин дењоти кишвар мактаб сохтаву талаботи ањолиро нисбат ба тањсили фарзандон ќонеъ гардонида истодааст. Ба-рои тасдиќи ин маънї мо бо муовини сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф Дилшод Сафаров, роњбари бах-ши муассисањои интернатї ва тањсилоти иловагї Љалолиддин Амиров роњ сўи Ховалингу Балљувон пеш гирифтем. Нахуст боздиди мо аз мактаб-интернати љамоати Шугнови

ноњияи Ховалинг оѓоз ёфт, ки санаи 29-уми сентябр бо иштиро-ки Љаноби Олї, Президенти кишвар Эмомалї Рањмон маври-ди истифода ќарор дода шуд. Бояд гуфт, ки мактаб-интернати мазкур бо 15 синфхона, хобгоњ ва тамоми таљњизоти муосири таълимї барои 320 нафар хонанда пешбинї шудааст.Њамчунин, аз љониби корхонаи заршўии «Помир» дар

дењаи Зелолаки љамоати Шугнови ноњияи Ховалинг сохтмони 10 синфхонаи дигар (мактаби №22) барои 240 нафар хонанда идома дорад, ки рўзњои наздик мавриди истифода ќарор дода мешавад. Чун бештари дењањои ноњияи Балљувон низ аз маркази ноњия

дар масофаи дур ќарор доранд, дар ин ноњия низ сохтмони як ќатор мактабњо ба анљом расонида шуд. Бояд гуфт, ки сох-тмони филиалњои мазкур тибќи Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон (аз 27.08.2013, №436) «Дар бораи Барномаи давла-тии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабњо барои солњои 2008-2015, ки дар хонањои шахсї, вагонхонањо, биноњои маъмурию љамъиятї љойгиранд», ба наќша гирифта шуда буд. Аз љумла, сохтмони филиали мактаби раќами 4 дар дењаи Калтачинор, фи-лиали мактаби раќами 19 дар дењаи Сияњтут, филиали мактаби раќами 3 дар дењаи Ѓулаки Заррин, филиали мактаби раќами 14 дар дењаи Дашти Гулњо мебошад, ки дорои 4 синфхона (48 љойи нишаст) буда, бо мизу курсї ва лавозимоти таълимї барои хо-нандагон пешбинї шудааст. Аз мактабњои номбурда филиалњои мактабњои №4, 3 ва 14 моњи сентябр ба истифода дода шуда, хо-нандагон дар синфхонањои наву замонавї машѓули тањсил ме-бошанд. Филиали мактаби раќами 19 бошад, бо иштироки муо-вини сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф Дилшод Сафаров ва роњбари бахши муассисањои интернатї ва тањсилоти иловагї Љалолиддин Амиров бо буридани лентаи рамзї мавриди истифода ќарор дода шуд. Бояд ќайд намуд, ки филиалњои мактабњои раќами 4 ва 19 бо

супориши бевоситаи Вазорати маориф аз љониби соњибкор ва роњбари ташкилоти љамъиятии «Субњи тандурустї»-и ноњияи Балљувон Замиршо Сангов ва филиалњои мактабњои раќами 3 ва 14 аз љониби ЉДММ «Нивелир-03»-и њамин ноњия бо роњбарии Иззатулло Юсуфов сохта шудааст.Ростї, чун њадаф аз сафар дидани њолати мактабњои навсох-

ташуда буд, мо ба сатњу сифати таълим камтар таваљљуњ кардем. Зиёда аз ин, бо љурми дурии роњ аксари мактабњоро замоне ди-дан кардем, ки ваќту соати дарсї ба итмом расида буду хонан-дагон мактабро тарк карда буданд. Аз ин рў, натавонистем бо хонандагон њамсуњбат шавем. Дар он мактабњое, ки бо хонан-дагон имкони суњбат пайдо кардем, сатњи дониши хонандагон дар сатњи зарурї ба назар намерасид. Шояд набудани васоити хуби таълимї, китобњои дарсию бадеї ва амсоли ин бошад, ки хонандагон наметавонанд сатњи дониши худро сайќал дињанд. Дар њамаи мактабњо норасоии китобњои дарсї ба мушоњида мерасид. Вобаста ба норасоии китобњои бадеї њољати гап нест. Бо вуљуди ин, дар хонандагон кўшишу ѓайрат, мањорату истеъ-дод нисбат ба илмомўзию донишазбарнамої ба назар мерасид. Њатто хонандагони синфи якум, ки аз соли тањсили нав як моњ сипарї шудааст, њарфњоро пурра мешинохтанду аз гўшаи ове-зони њарфњо як-як мехонданд. Аммо…Аммо, чун дафтарњои синфї (журнали синф)-ву рўзномањои

хонандагонро аз назар мегузаронидем, ба бозомўзии такмили ихтисос эњтиёљ доштани бархе аз омўзгорону дар њамкорї набу-дани волидайну омўзгор ва мактаб бараъло ба назар мерасид. Њарчанд аз соли хониш як моњ сипарї шуда бошад њам, то њол

Балљувон ва Ховалинг: шароит њаст, таълим чї?дар рўзномаи ягон нафар хонанда имзои падару модарро надидем. Зиёда аз ин, дафтарњои синфї (журнали синф) аз љониби омўзгорон хато пур карда шудаанд. Дар масъа-лаи хатоњои љузъии имловї мушоњида мегардид, ки њатто ному насаби шоирону нависандагон бо њарфи хурд на-вишта шудааст. Аз љумла, Абўабдуллоњ Рўдакї-абуабдуло рудаки, ё худ, суњбат дар мавзўи-сўбат дар мавзуъи…Вобаста ба мушкилоти љойдошта мудири шуъбаи мао-

риф Ѓулом Саъдуллоев зикр намуд, ки бо даст додани им-кон тамоми омўзгорони мактабњои дењот аз курси такми-

ли ихтисос гузашта, мактабњо бо васоити таълимї таъмин карда мешаванд. Дарвоќеъ, аз шароити мувофиќе, ки имрўз ба хонанда-

гону омўзгорон пешнињод мегардад, маќсаднок истифо-да набурдан аз рўи инсоф нест. То даме ки шароит нест, бањона хеле зиёд аст. Имрўз, ки шароит хеле хуб аст, чиро бањона пеш орем?

Эњсони ХУШБАХТ, «Омўзгор»Душанбе-Балљувон-Ховалинг-Балљувон-Душанбе

Мактаб-интернати љамоати Шугнови ноњияи Ховалинг

Филиали мактаби раќами 4-и дењаи Калтачинори ноњияи Балљувон

Филиали мактаби раќами 19-и дењаи Сияњтути ноњияи Балљувон

Филиали мактаби раќами 3-и дењаи Ѓулаки Заррин ноњияи Балљувон

Филиали мактаби раќами 14-и дењаи Дашти Гулњои ноњияи Балљувон

P.S: Синфхонае, ки хонанда-гон то ифтитоњи мактаби нав дар он тањсил мекарданд

Сохтмони мактаби дењаи Зелолаки љамоати Шугноби ноњияи Ховалинг

Page 5: Omuzgor #41 2013

№ 41, 11 октябри соли 2013 5ОМЎЗГОР МАВЗЎИ РЎЗСЕМИНАР

М. Њасанї муовини нозир, М. Саидзода мудири шуъбаи тарбияи иљтимої, Њаётї раиси кумитаи сиёсии маориф буданд.

Сухан аз шиканљаи бачањоЧандест, ки бо ибтикори

Кумитаи иттифоќњои касабаи кормандони маориф ва илми љумњурї дар доираи лоињаи «Мубориза алайњи мењнати бачањо» семинарњо баргузор мегарданд. Бо ин маќсад дар толори мењмонхонаи «Пойтахт» семинари серўза тањти унво-ни «Як соат бар зидди мењнати бачањо» доир гардид. Дар кори он намояндаи Вазорати маорифи љумњурї Љалолиддин Амиров, директори Маркази љумњуриявии таълимиву методї Шермањмад Ёрмањмањмадов, намояндаи Кумитаи иттифоќњои касабаи маорифи Љумњурии

Ќирѓизистон Вера Анатолевна Бредихина, раисони кумитањои иттифоќњои касабаи маорифи шањру вилоятњо иштирок ва суханронї намуданд. Ёдовар мешавем, ки чунин семинар бори аввал нест, ки дар зами-наи лоињаи «Мубориза алайњи мењнати ноболиѓон» сурат ме-гирад. Тавре дар ифтитоњ раиси кумита Абдурозиќ Ризоев зикр кард, мавзўи мазкур бо дастги-рии Ташкилоти байналмилалии мењнат (ТБМ/МОТ) мавриди таваљљуњ ќарор гирифтааст. Њамоњангсози барнома дар Тољикистон Муњайё Хосабекова ва масъули ташкили чорабинињо Муњаммад Ќурбонов-муовини раиси кумита ба њисоб мера-ванд. Ин маротиб дар семинар

љињати ташаккули имкониятњои иттифоќи касабаи маориф ва илм, кормандони соњаи маориф, аз љумла, омўзгорон дар мубори-за бар зидди бадтарин навъњои мењнати бачањо дар Тољикистон суњбат ороста шуд. (Дафъаи гу-зашта чунин семинаре, ки мо дар он њузур доштем, дар дои-раи хурдтар ташкил шуда буд). Ба гуфти Муњаммад Ќурбонов, пайгирї алњол идома дошта, минбаъд дар асоси пешнињодњо чунин чорабинињо шаклу маз-муни пурратар мегиранд.

Дар Ќирѓизистон чї гап? Мавриди зикр аст, ки дар

семинар В.А.Бредехина аз таљрибаи кишвари худ ба ишти-рокдорон тавассути мусоњиба, мубоњиса, ташкили бозї, сањначањо, масъалагузорї ва намоиши видеороликњо маълу-моти муфассал дод. Аз љумла, ў дар бораи роњњои коњиш додани мењнати бачањо дар Ќирѓизистон, омилњои ба тањсил љалб намудани бачањое, ки мак-табро тарк намудаанд, сухан гуфт. Аз рўи баромади ў маълум шуд, ки тамоми мушкилоте, ки дар кишвари мо љой доранд, дар Ќирѓизистон њам љой дошта-анд. Муњокимаи мавзўъ ошкор кард, ки дар њар ду кишвар ноболиѓон ба мењнати вазнин, аз ќабили аробакашї, мошиншўї, хољагидорї, хиштрезї, боркашї ва чанде дигар машѓул будаанд.

-Тўли 26 соли собиќаи кор ба хулосае омадам, ки бетарафї ба њаёти бачањо ва онњоро бо чаш-ми кам дидан ба њар роњ бурда метавонад, -изњор намуд ў.- Ба андешаи ман, таваљљуњи љиддї ба њаёту фаъолияти бачањо аз

њар кадоми мо, ба хусус, кор-мандони иттифоќи касаба масъ-улияти љиддї металабад. Охир, њамаи бачањо фарзандони мо-анд. Бале, њамаи бачањо, новоба-

ста аз сатњи зиндагияшон фар-зандони моанд, на «бачањои кўча». Аммо дарднок аст, ки бачањои мењнатї њам ба гурўњи «бачањои кўча» шомил мегар-данд.

Мењнат зарур, аммо…-Дар шинохтани ин гурўњ мо

бояд эњтиёткор бошем, - андеша дорад Љ.Амиров. – Бояд дони-ста бошем, ки ин танњо дарди мо не, балки дарди тамоми љомеаи љањонист. Дар тамоми кишварњо чунин бачањо ба чашм мера-санд. Аслан бачањоро аз мењнат

дур кардан чандон салоњ нест, вале меъёрро дар мењнати онњо ба инобат гирифтан шарт аст. Маќсади асосї љилавгирї аз мењнати вазнин бошад, на чизи дигар.Ба гуфти Ш.Ёрмањмањмадов,

ин мавзўъ мавриди таваљљуњи њамешагии Њукумати љумњурї њаст, барои мисол, дар дарсњои тарбиявии синфњои 5-9, инчу-нин, дар таълими мавзўъњои фанњои адабиёту таърих ва љамъиятшиносї инъикоси он ба чашм мерасад.

-Вале мо то куљо ба њалли он расидагї мекунем, гапи ди-гар аст, - таъкид кард ў. – Мо бояд коре кунем, ки кўдакон аз мењнат дур нашаванд ва њам љабр набинанд. Мутаассифона, дар мо ак-

саран волидони чунин бачањо воќеиятро дарк карда наметаво-нанд ва ё намехоњанд. Бо таъси-ри онњо бачањо на танњо фишор мебинанд, балки аз тањсил дур мемонанд.

-Ба назар мерасад, ки наќши иттифоќњои касабаи маориф дар ин маврид хеле зиёд аст, вале норасоии донишу таљриба эњсос мешавад,- андеша до-рад В.А.Бредехина. – Барои ба њадаф расидан ташкили чунин семинарњо дониши моро такмил дода метавонад. Бубинед, ки дар Ќирѓизистон сари њар 3 нафар, дар Африка сари њар 4 нафар, дар Осиё сари њар 8 нафар, дар Аме-рикаи Лотинї сари њар 10 як на-фар чунин бача рост меояд. Дар Тољикистон гумон на-

меравад, ки ин омор аниќ шуда бошад. Вале яќинан аз кишвари њамсоя кам нест. Дар робита иштирокдорон

ба гурўњњо људо шуда, тавассу-ти сањначањо пањлуњои муњими зиндагии бачањоро инъикос на-муданд, ки њамагї волидонро љињати монеъ шудан ба тањсили фарзандон мањкум мекарданд. Мо њамеша аз аробакашї,

борбардорї, умуман, њар гуна амале, ки ба љисму рўњи бачањо фишор меорад, нороњат меша-вем. Магар ба фањшу ѓорат даст задан њам фишор нест? Комилан фишор аст. Ба гуфти Муњайё Хосабекова, зимни пурсиш чу-нин духтарон асосан касбњои мањсгарї ва ороишгари рўю мўйро интихоб мекунанд. Чаро? Ба бача аз оѓоз дар майнааш љо кардани роњи даромад ба ин тартиб аз рўи инсоф нест. Ва ё ўро водор кардан ба иљрои чу-

нин амал. Бале, бетарафї водор кардан аст. Њанўз дар ќадами ав-вал, ки бо хатои оила рух дода-аст, дахолати њамсоя, мањалла, маќомот, умуман, љомеа зарур аст. Магар ќиссаи тухмдуздро аз ёд баровардан мумкин аст?

Чуну чаро зиёд астАслан ташкили чунин

чорабинї иќдоми Вазорати мењнат ва њифзи иљтимої ва Кумитаи иттифоќњои касабаи кормандони маориф ва илми кишвар буда, эњтиёљ ба дастги-рии Вазорати маориф зиёдтар мушоњида мегардад. Бояд дар хотир дошт, ки мо Конвенсияи байналмилалиро тањти №82 имзо карда, барои паст кардани сатњи мењнати вазнини ноболиѓон уњдадорї њам гирифтаем. Ба

гуфти Муњаммад Ќурбонов, дар иљрои ин кор омўзгорон ва иттифоќњои касабаи маориф сањми бештар гузошта метаво-нанд, зеро омўзгорон бо бачањо ва волидони онњо аз њама зи-ёдтар њамкорї доранд. Аммо худ ќазоват кунед: омўзгор бе дастгирї магар кореро ба сар бурда метавонад?Дар ин кор љалби маќомоти

мањаллї ногузир аст. Бо дастги-рии ин маќомот ва АВО барќарор кардани комбинати таълими истењсолї (УПК)-њо ва ё вобаста кардани бачањо бо ягон корхонаи мењнатї басе судманд аст. Њаќ ба љониби сардори

ќабулгоњ-тањвилгоњи хадамоти пешгирии њуќуќвайронкунии миёни ноболиѓони ВКД Латиф Зокиров аст, ки мегўяд: «Дар ин синну сол бачањо ба машѓулият сахт эњтиёљ доранд». Дарвоќеъ, Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон (моддаи 178) њам ас-лан мењнати ноболиѓонро пурра мањкум накарда, мувофиќан ба-рои њар синну сол меъёр муайян кардааст. Ин нукта таваљљуњи љиддиро интизор аст.Зимнан дар бораи сабабњои

пайдоиши ин њолат чизе гуфтанї нестем, зеро дафъаи гузашта ин љињатро баррасї карда будем. Дар маљмўъ, сабаби асосї ба бетарафии љомеа ва оила моро бурда мерасонад. Воќеан, чаро то кунун ин њолати аз њама манфурро мо бартараф карда наметавонем? Бетарафї сабаб-гори њама гуна бадбахтињост. Шикасти он ба чандин омилњои дигар марбут аст: ба фаъолия-ти тамоми идорањои дахлдор, аз ќабили Кумитаи кор бо оила ва занон, Кумитаи дин, Куми-таи варзиш, сайёњї ва љавонони назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, маќомоти мањаллї, кумитањои мањалла, нозирони тартибот ва идорањои зеррабт.

Сухан аз тањсилМасъалаи муњими вобаста

ин аст, ки бачањо ба мењнат дода шуда, аз тањсил мемонанд. Бисёре аз ин бачањо мактаби ибтидої, зиёди зиёд синфи 5-ро тамом кардаанду халос. Ба гуф-ти Бредихина, дар Ќирѓизистон барои ин гурўњ мактабњои шабо-на амал мекунанд. То солњои на-здик дар мо њам чунин мактабњо амал мекарданд, мутаассифона, ба амалњои номатлуби иддае дари чунин мактабњо баста, мушкил зиёд гардид. Баъди кўшишњои зиёди Вазорати мао-риф айни њол чунин мактабњо дар назди ду литсейи касбї (№52 ва №30)-и шањри Душан-бе ба фаъолият шурўъ карда-анд. Аммо мушоњидањо собит

месозанд, ки ташкили чунин мактабњо бояд дар њар вилоят аќаллан 1-2 –тої бошанд. Вале талаботи шомил шудан ба чу-нин мактабњоро сахттар љорї кардан шарт аст. То ки мардум барои минбаъд монеъ нашудани тањсили фарзандонашон ба ху-лосае омада тавонанд. Шариф- як љавон бо истифода

аз њуљљати чунин мактаб ба яке аз донишгоњњо дохил шуд, 4 сол тањсил кард, вале ѓайриќонунї будани њуљљаташ ошкор шуда, аз донишгоњ хориљ шуд. Аз нав дар мактаби шабона тањсил кар-да, соњиби номаи камол гардид ва аз нав ба донишгоњ дохил

шуд. Ба ин кї гунањгор? Албат-та, бетарафию хунукназарии ка-лонсолон ва бевиљдонии онњое, ки бо савдоњои беоќибаташон чанд соли њаёти ў баринњоро сўхтаанд. Аљиб аст, ки бо вуљуди

талошњои зиёди Вазорати мао-риф масъалаи тарки мактаб ва «фаъолият»-и «бачањои кўча» чун масъалаи доѓ дар љомеа боќист. Бубинед, ки ташкилотњои хориљї бањри ислоњи кор дар ин маврид тадбирљўї доранд. Дарвоќеъ, чаро омори аниќи мактабро тарккарда ва ба мактаб фаро гирифтанашудањоро дар даст надорем? Њол он ки далели тар-ки мактабро ёфтан набояд кори душвор бошад. Ва ё чаро дар дасти маќомоти мањаллї дале-

ли бачањои умуман ба мактаб љалбнашуда вуљуд надошта бо-шад? Дар чандин семинар ваќте сари ин мавзўъњо дар алоњидагї сухан мерафт, коршиносони соња њамин нуктаро таъкид мекарданд, ки мебояд мо ин љињатро дарк карда, миёни онњо фарќ гузош-та тавонем. Бачањои мењнатиро наљот додан мебояд, тавассути љалби онњо ба ягон корхона ва ё кори сабук. Барои љалби онњо ба тањсил тадбирњо љустан лозим ва барои ин таъсиси мактабњои шабона ва ё ѓоибонаро ба роњ мондан лозим аст (барои онњое, ки умуман, тањсил накардаанд ва барои онњое, ки тањсилашон аз синфи 5 нотамом аст). Хулосаи мутахассисон лозим аст, хулосае, ки аз љомеаи бесавод дар оянда љилавгирї карда тавонад. Ин кор дар њамбастагии комиссияи кор бо ноболиѓон, АВО-њо, маќомоти мањал, кумитаи мањалла ва дигар суд оварда метавонад. Дар акси њол аз тањдиди хатари љомеаи носолим рањо шудан гумон аст. Љамбасти семинар мањз ин маз-мунро пешнињод кард.

Саидаи ФАЗЛ,«Омўзгор»

Кори бачањо мењнат аст ё шиканља?-2

Омўзиши таљрибаАъзоёни мањфили «Хабарнигорони љавон»-и Маркази рушди

истеъдодњои љавони пойтахт изњор доштанд, ки њама касбњо ху-банд, аммо хабарнигорї шавќовартар аст. Мањз ин шавќу њавас онњоро бо роњбарии муаллима Бањринисо Бедилова ба наздикї ба мулоќот бо кормандони эљодии њафтномаи «Омўзгор» овард. На-врасон изњор доштанд, ки онњо- зиёда аз бист нафар хонандагони синфњои болоии мактабњои раќамњои 53, 43, 70, 78, 86 ва ѓайра дар мањфили мазкур љамъ омада, асрори касби хабарнигорї омўхта, рўзномаи девории «Нигоњи журналистї»-ро мебароранд. Дар на-вбати худ кормандони эљодии њафтаномаи «Омўзгор» ба наврасон аз таљриба, бурди бохти касби бошарафи хабарнигорї наќл карда, маслињатњо доданд.

Субњи босафоЊар субњ баробари аз њавлии мактаб ба гўш расидани са-

дои мусиќї ва овози хуши бачањо мардуми дењаи Навобод пай мебаранд, ки барои булбулакони боѓи дониш рўзи нав шуруъ шудааст ва фарзандони онњоро ояндаи накў, зиндагии солиму бофарањ дар пеш аст. Бале, дар ин мактаб, ки дабистони базавї мебошад, бо ташаббуси омўзгорон, муаллимони фанни мусиќї пеш аз оѓози дарсњо дар иљрои аъзоёни дастаи њаваскорони санъ-ат, ки 60 нафаранд, сурудњои ватанхоњї садо медињанд. Хонан-дагон бо роњбарии омўзгори фанни мусиќї Табаралї Муродов «Суруди миллии Тољикистон», сурудњои «Дифои Ватан», «Вори-сони Сомониён» -ро хуб ба љо меоранд. Бо хоњиши мудири шуъ-баи маорифи ноњияи Файзобод онњо ният доранд дар назди ањли дења ва мактабњои њамсоя низ њунари хешро намоиш дињанд. Зеро таљрибаи устодону хонандагони мактаби мазкур барои таълимгоњњои дигар намунаи ибрат мебошад.

М.РУСТАМ,«Омўзгор»

НАВИД

Page 6: Omuzgor #41 2013

№ 41, 11 октябри соли 20136 ОМЎЗГОР ЗАБОНИ МОДАРЇ

Соли нахустини тањсил (1925-1926) муассисањои таълимї чор њазор нафар хонанда доштанд.

ЁДДОШТ

Ба вижа, шеърњои ба забони модарї бахшидаи устодон Лоиќу Муъмин Ќаноату Бозор Собир аз њама бештар вирди забонњо буданд. Ин њама басе гу-ворову хушоянд ба гўшу њуш мерасид. Ба дилњо нишот меовард. Хотирањоро рўшан мекард. Бале, хотирањоеро аз он рўзњои пурљўшу хурўш зинда ме-гардонид, ки барои бедордилон њам дардовару њам шодибахш буданд. Ма-салан, ман дарди он айёмро ба чор-дард ташбењ медињам, ки бар асари он модари љавон, ба љуз як ангушт, њама танаш дар коми аљал бошад…Ман дар арафаи Рўзи забон ба

маъракаву маљлисгоње натохтам, ба минбарњо набаромадам, агарчи то маќоми давлатї гирифтани забони модарї пинњону ошкоро худро ба амвољи гирдињамойињои ватанхоњон мезадам, дар минбарњо сухан мегуф-там, дар матбуот барои бедор кардани онњое, ки барояшон забони тољикї, њатто, дар муњити хонаводагї, ба дараљаи дуюм афтода буд, матолиб ба чоп мерасондам, дар љаласањои корхо-наамон - Маркази методии Вазорати маорифи РСС Тољикистон, ки он љо ба њайси методисти калон зањмат мека-шидам, аз забони модарии хеш – меро-си Одамушшуарро Рўдакиву Шайхур-раис ибни Сино, њамосасарои миллати озодагон Фирдавсии Тўсї… пуштбонї мекардам, то байни њамкорони русу ѓайритољик њамчу «шахси хавфнок»-у «натсист» шинохта шудам… Албатта, дар барам њамаќидањое њам доштам, чун Лайлї Муњаммадиева, методисти фанни забони форсї (равонаш шод бод), Мењринисо Содиќова, методи-сти фанни таърих ва љамъиятшиносї, ки бо вуљуди фишору тањдидњо маро тарафдорї менамуданду ба ину он нишасту њамоишњо њамроњї мекар-данд, бархе њам фурсатталаб буданд, яъне, на зидди ман сухан мегуфтанд, на љонибдорї менамуданд, вале чу-нон ки китобдори Маркази методї мегуфт, рўзномаву њафтаномањои «Тољикистони советї» ва «Адабиёт ва санъат»-ро пинњон аз назари русза-бонон мехонданд. Воќеан, хосса, ин ду газета дар мавриди њимояи забони тољикї пайваста маќолањои арзиш-манд чоп мекарданд!Он ваќт муассисаи мо дар дар

бинои раќами 9-и кўчаи Бофандаи шањри Душанбе љой гирифта буд. Рўзе Мария Михайловна ном њамкорамон, ки барои кўтоњ кардани роњ аз тариќи бинои марказии Донишгоњи Давла-тии Тољикистон ба номи В.И.Ленин ба коргоњ омада буд, бо ранги рўйи парида дарак дод:

- Тазоњурот! Љавонони зиёди тољик дар даст алвону навиштаљот дар даромадгоњи донишгоњ гирд омада-анд. Байнашон ѓайритољике нест!Чї гап бошад, гуфта, гурўње бе-

рун тохтем. Њељ тазоњуроте на-буд. Донишљўёну устодони љавони донишгоњ љониби майдони марказї, ки он љо ба њимояи забони тољикї њамоиши осоишта барпо мешуд, рањсипор буданд. Ба љавонони ташаб-бускор хурду бузург, огоњу ноогоњ мепайвастанд. Ба якдигар савол ме-доданд, чун аз воќеа огоњ мешуданд, аксар бо шавќ роњро давом медо-данд, бахше худро пушти чанорњои азимљусса мегирифтанд. Эњсос мегар-

дид, ки ањли намоиш њама як маќсад доранд: ба гўши боло расонидани масъалаи маќоми воло бахшидани за-бон – як рукни давлатдории тољикон. Воќеан, бедории миллии марду-

ми мо миёни чанд љумњурии осиёи-миёнагии Иттињоди Шўравї намунаи ибрат буд. Он рўз банда дар ќатори Муњаммад Осимї, Иззатулло Пал-лаев, Гулрухсор Сафиева ва чанди дигар аз боби мушкилоти забони тадрис барои фарзандони миллати тољик дар Ўзбакистон, мушкилоти забони тарљумаи китобњои таълимї дар Тољикистон ва сабти ному наса-би тољикона дар зодномањо аз мин-бари гирдињамоии бисёрњазорнафара сухан кардам, ки њама бо кафкўбињо дастгирї намуданд. Дар бораи он њамоиш њафтаномаи «Адабиёт ва санъат» бо имзои нависанда Додо-хон Эгамов тањти унвони «Демокра-тияро меомўзем» репортажи хубе њам дода буд. Табиист, ки бисёрињо

ба ман чун ба душмани сиёсати давр нигоњ мекарданд… Бовар дорам, ки вазъи тамоми забондўстон дар он айём таќрибан чунин буд. Чандин на-фар ба рўйхати сиёњи Кумитаи амният афтода буданд. Мо аз мансабдорон гилае надоштем, чун аз азал барои аксари кареристон курсии мансаб бо-лотар аз њар муќаддасоти миллї буду њаст. Ва рости гап, номи нек ба гарав гузоштанњо барои онњое, ки оинашон љавонмардї бошад, њаргиз аз рўйи шуњратхоњї нест, балки чунин раф-тор барои онњо табиист. Дигар ин, ки дар роњи дифои забони миллї ба по хестанњо романтика њам дошт! Мо, методистони љавон, байни худ ќарор кардем, ба хотири эњтироми забони модарї бикўшем, ки њатто, дар муо-ширати байнињамдигарї танњо бо за-бони адабї гуфтугў мекунем, онро бо омезиши калимањои бегонаву лањљавї хор надорем. Барои иљрои ин шарт, бо пешнињоди яке аз рафиќон дар каби-нет ќуттии љаримавї гузошта будем. Њар гоњ ки ин шартро вайрон мекар-дем, њатман 20 тин љарима мепардох-тем. Оњ, мо тарафдорону њомиёни забон, рўзњои аввал то 2-3 сўмї ба он ќуттї мерехтем, оњиста-оњиста љаримадињї кам шудан мегирифт ва забони гуфтугўии мо ба адабии меъёр гароиш пайдо мекард. Нињоят, 22-юми июли соли 1989

Иљлосияи дањуми Совети Олии РСС Тољикистон забони тољикиро маќоми давлатї бахшид. Яъне, Тољикистон дар ин љода дар Осиёи миёна якумин буд. Мардуми бедор хурсандї мекар-

данд, њамдигарро ба оѓўш мекаши-данд! Мо, як гурўњ кормандони мар-кази методї, Мењринисо Содиќова, Њалима Давлатшоева, Амонулло Гиё-ев, Бењрўз Њанифов, Садриддин Зиёев (рўњаш шод бод), Абдувањњоб Бўриев, Рањбар Байзоева, Тўтиямо Саидмусал-ламова, Давлатмо Гулбекова, Лола Юхананова, Лайлї Муњаммадиева, Гулчењра Зайниддинова… тасмим гирифтем, ки ба муносибати ќабул гардидани ин ќонуни арзишманд дар роњрави дарози бино, ки љойи доимии гузарондани љашнњо њисоб меёфт, бо истифода аз маблаѓи дар ќуттии љаримавї љамъгардида барои тамоми кормандон зиёфат ороем. Њамкорони ѓайритољикамон, ки то он ваќт гумон доштанд, ин зиёфати рўзи таваллу-ди яке аз њамкорон бошад, баробари фањмидани сабаби ин нишаст луќмаи дањонашон шояд дар комашон талх шуд. Мо ба таври ростин хурсандї ме-

кардем! Дар кишварњои њамсоя ба мо пайравї мекарданд.Чї мегўед, ки бо ин њама кор чун

оби равон љараён нагирифт, балки њамагї пас аз як моњи ќабули Ќонуни забон дар Тољикистон Совети Олии ИЉШС дар љаласаи навбатии худ таъкид дошт, ки забони давлатии умумииттифоќї русист. Баъди ин дар муассисањо онњое, ки муќобили за-бони давлатї эълон шудани забони миллї дар кишвар буданд, дубора љон гирифтанд. Масалан, дар Марка-зи методии назди Вазорати маориф Т.Салихов ном методисти куњансоли тотор дар маљлисњои рўзидушанбегї аслан зидди он буд, ки, њатто, калимае ба забони тољикї истифода шавад.Бо ин њама мамониятњо ањли

ќалам, бавижа, рўзноманигорон дар мавриди рушди забони тољикї, маќоми воќеї пайдо кардани он дар тамоми љабњањои њаёти кишвар кўшиш ба харљ медоданд. Ёдам мео-яд, ки тирамоњи њамон сол бо ибти-кори Иттињодияи рўзноманигорон њамоише созмон дода шуд, ки дар он гуфтор андар боби забони расонањои гурўњї мерафт. Доираи иштирокдо-рони ин љаласа нињоят васеъ буда, маърўзагаронаш низ шинохтатарин рўзноманигорон, олимону ади-бон буданд. Њоло аз он љамъомади хотирмон китобчае мураттаб аз намунањои маърўзањову музокирањо бо номи «МЕЊАН ё МАЙЊАН?» (мураттиб Ардамењр) ба ёдгор дорам, ки дар он дар баробари матни сухан-ронии Муњаммадљон Шакурї («За-бон ва симои хоси мо»), Мукаррама Ќосимова («Риояи баъзе нормањои граматикї»), Саид Њалимов («Забо-ни мо – дилу љони мо»), Ардамењр («Дам аз вањдат занем!»), Бањриддин Камолиддинов («Заминаи тањрир бояд тољикї бошад»), Мањрам Файзов («Истилоњот низом металабад»), Бе-ранги Кўњдоманї («Ахтар, ситора ва кавкаб»), Ўктами Холиќназар («Ќадри сухан бишносем»), Юсуфи Акбарзода («Тадвини дурусти ќонунњо»), Амон Нуров («Сарфу нањви наве бояд»), Саидумари Султон («Айб дар ош ё дар мош?) матни суханронии банда низ тањти унвони «Каломи модар покиза бувад» љой дода шудааст. Он рўз чи олим, чи шоир, чи рўзноманигор, чи корманди соњаи маориф аз боби бењтар кардани забони ВАО изњори аќида менамуданд, ба њамдигар роњ нишон медоданд, зеро њар яке худро соњибу масъули дурри дарї мењисобиданд. Ва он эроду пешнињодњо минбаъд акса-ран ќабул њам шуданд. Инак, аз он айёми пурљўшу хурўш

анќариб чањоряк аср мегузарад. Бале, умр мегузарад, вале ёди рўзњои накў боќї мемонад…

Марямбонуи ФАРЃОНЇ, нависанда

Ќонуни забон ва романтикаи он айём

Мањдудият дар тањсилифарзандони муњољирон

Чанде пеш дар Амрико аз рўйи райъпурсии умумї 4 њазору 504 нафар ба кўчонидани мактаби Сэнди Њук овоз додаанд.

Washington Times хабар медињад, ки волидони талабањои мактаби амрикоии Сэнди Њук, ки моњи дека-бри соли гузашта дар натиљаи њамлаи мусаллањона 26 нафар, аз љумла 20 кўдак ба њалокат расида буданд, ба хулоса омадаанд, ки бинои мактабро вайрон карда, дар љойи дигар аз нав бунёд созанд. Барои сохтмони бинои нав аз хазина федеролї 50 миллион доллар људо карда шуд.Мактаби мазкур баъд аз фољиаи мазкур баста шуда,

хонандагони он ба бинои дигар муассисаи таълимї гузаронда шуда буданд. Дар назар аст, ки бинои нави мактаб то соли 2016 ба истифода супурда мешавад.Ёдовар мешавем, ки моњи декабри соли 2012 Адам

Ланзаи 20-сола 26 нафарро дар мактаб ба њалокат ра-сонда буд.

Чанде пеш дар назди бинои мактаби Подолски Рос-сия ба болои тифли 2-солае, ки њамроњи модараш сайру гашт мекардааст, дарвоза фурў афтодааст. Бар асари ин фалокат косахонаи сари кўдак сахт осеб ёфтааст. Тиф-лро бо захмњои вазнин ба бемористон бурдаанд. Алъон, аз рўйи ин њодиса парвандаи љиної боз шуда, тафтишот идома дорад.

Дар Ироќ террорист-занеро дастгир кардаанд, ки дар назди мактаб бом-ба мегузоштааст. Дар ин бора ожонсии иттилоо-тии France-Presse хабар медињад.Њодисаи мазкур рўзи

7-уми октябр дар шањри Мадоин, љануби Баѓдод ба вуќўъ пайвастааст. Ин занро яке аз посбонњои мактаб дастгир карда, ба кормандони полис супур-дааст.Як рўз пеш аз ин воќеа,

6-уми октябр, дар њудуди мактабе, ки дар шимоли Ироќ љойгир аст, теракт ба амал омад. Љинояткорон мошини боркашеро, ки дар назди майдончаи бо-зии кўдакон гузошта шуда буд, тарконданд. Аз рўйи маълумоти Agence France-Presse дар натиља 10 кўдак, вале аз рўйи маълумоти Reuters, на камтар аз 14 тифл ба њалокат расиданд.

Ситорабонуи СОЊИБНАЗАР,

“Омўзгор”

Бавижа шеърњоибазабонимодарї дид ки ањли намоиш њама як маќсад

дадакаЊев(рРалаЮГугигаро Думаи давлатии Рос-

сия лоињаи ќонуни то-заеро пешнињод кар-дааст, ки дар он ба фарзандони муњољирони мењнатї мањдудият ба-рои шомил шудан ба кўдакистонњо ва макоти-би кишвар пешбинї шу-дааст. Агар ин лоињаи ба њукми ќонун дарояд, барои соњибмаълумот кардани фарзандон аз муњољирон њуљљати тасдиќкунандаи

андозсупорї ба хазинаи давлати Россия талаб кар-да мешавад.Д а с т а н д а р к о р о н и

лоиња иќдоми хешро бо он асоснок мекунанд, ки њоло барои кўдакони худи шањрвандони кишвар но-расоии љойњои холї дар мактаб наздик ба 58 дар сад расидааст. Дар аввали соли 2012 бошад, наздик ба 2 миллион кўдак фориѓ аз тањсил мондаанд.

Мактабро мекўчонанд

Фољиа дар назди таълимгоњ

Њадафи террористони мактаб

Page 7: Omuzgor #41 2013

№ 41, 11 октябри соли 2013 7ОМЎЗГОР ТАЪЛИМ

Соли дувуми тањсил (1926 -1927) ба тањсил фаро гирифтани 10 њазор нафар хонанда ба наќша гирифта шуда буд.

ИЌДОМ

Дар замони рушди босуръати техника ва технология наќши матбуоти муосири кишвар дар њал ва бењбудии њама соња на-заррас буда, таъсиси нашрияњои тахассусї дар муассисањои тањсилоти олии касбї сариваќтї ва маќсаднок аст. Ба њама маълум аст, ки нашрияњо, р ў з н о м а њ о и донишгоњњо ва донишкадањои кишвар тайи солњост, дар фа-ъолиятанд. Мо низ ба андешае омадем, ки чаро муассисањои тањсилоти ибтидої ва миё-наи касбї аз ин дар канор бошанд. Пўшида нест, ки дар замони рушди босуръати тех-ника таъсири матбуот дар тамоми њодисаву воќеањо ва вазъи сиёсии љањон бештар аён мегардад. Дар шароити имрўз вазъи ноором ва тунди сиёсии љањон, суръати тези раван-ди тањољуми фарњангњо мо бояд дар тарбияи худшиносиву худогоњї, баланд бардоштани маърифати ватандорї ва њифзи фарњангу асолати миллї, дарки бедории шуури сиёсии љавонон таваљљуњи хоса дињем. Љавонон оян-дасози њар миллату љомеа буда, фардои ин

кишвар ба илму дониш, маърифату фарњанг ва дарки нанги ватандории онњо тавъам аст. Агар мо ба ояндаи неки Тољикистони азизи худ умед дорем, пас бояд имрўз љавонони ватандўсту худогоњ, мусаллањ бо илму дони-ши замон ва зираку бољасорат тарбия карда, ба воя расонем. Бояд зикр кард, ки расидан ба ин њадафњо зарурати бештари таъсиси нашрияњои муассисањои таълимиро ба миён меорад. Нињоят бо дастгирї ва паёми табрикии

вазири маорифи Љумњурии Тољикистон Ну-риддин Саидов ва бо маќсади бењтар наму-дани сатњи сифати таълим, њалли масъалањои омодасозии кадрњои соњибихтисоси коргарї, талаботи бозори ягонаи мењнат ва инъикоси фаъолияти устодону донишљўён, дарљи ма-води ёрирасон, дастури таълимї, навоварї ва масъалањои марбут ба соња, матолиби

фарњангї-фароѓатї Коллељи информатика ва техникаи компютерї шумораи нахустини на-шрияи худро тањти унвони «Паёми барнома-соз» бо дасти хонанда расонд. Боиси хурсан-дист, ки сањифањои рангин ва пурмуњтавои он ба мисли «Ватанпарвар», «Ифтихор», «Худшиносї», «Ватандор», «Љавонон ва

љомеа», ки бо маќсади тарбияи ватандўстї ва дарки њисси худшиносї пурра ба њаёту фаъолияти донишљўён бахшида ме-шаванд, донишандўзонро хеле писанд омад. Ба-

рои омўзгорон дар сањифањои «Пажўњиш», «Масъулият», «Ёрї ба омўзгори љавон», «Мушкилот», «Нигаронї» матолиби ёрира-сон ва маводи таълим дарљ гардида, инчунин мушкилоти соња баррасї шуда, роњњои њалли он тањќиќ меёбанд. Боиси хурсандист бо та-шаббуси Вазорати маорифи ЉТ коллељи мазкур лоињаи мањфили бозињои зењнии муассисањои тањсилоти ибтидої ва миёнаи касбиро ба ТВ «Сафина» пешнињод намуда-аст, ки нашрия дар шумораи оянда аз рафти он иттилоъ хоњад дод.

Р.ШАРИФОВ, директори коллељи информатика ва

техникаи компютерии шањри Душанбе

«Паёми барномасоз»оинаи кори мост

Истифодаи намудњои гуногуни тестњо ба омўзгорон имкон медињад, ки оид ба до-ниши мустаќилонаи хонандагон маълумо-ти амиќ њосил намоянд. Њоло дар аксарияти таълимгоњњои олии љумњурии Тољикистон до-вталабон бо воситаи озмуни тестї имтињон ме-супоранд. Озмуни тестї нишон дод, ки он усули ягонаи объективона ва мустаќилона бањодињї ба дараљаи дониши хонанда мебошад. Санљиши тестї нисбат ба шаклу методњои

анъанавї дорои як ќатор бартариятњо мебо-

шад. Он имкон медињад, ки ваќтро дар дарс сарфакорона истифода барем, миќдори зиёди мавзўъњоро фаро гирем, натиљаи аз худ карда-ни маводро аз љониби хонандагон муайян сох-та, норасоињоро бартараф намоем. Санљиши тестї њавасмандгардонии шогирдонро ба вуљуд меоварад.Дар навбати худ бояд хотиррасон намуд, ки

санљиши тестї дар кишварњои мутараќќї як љузъи људонашавандаи низоми таълим ба њисоб меравад. Дар ин кишварњо имтињоноти хаттии мактабњои миёна, ќабул ба таълимгоњњои олї ва ба муассисаю корхонањои гуногун танњо бо роњи санљиши тестї ба љо оварда мешавад. Омўзгор бояд супоришњои тестї, санљишњои даврї ва тафтиши љамъбастии донишњоро тањия карда тавонад. Тестњое, ки тартиб дода мешаванд, бояд аз доираи мазмуни барномаи таълимии фан берун набошанд. Бояд мо, омўзгорони фанни химия пас аз гузаштани њар як боб дар дарсњои такрорї барои санљиши донишу ма-

лакаи хонандагон аз саволњои тестї истифода бурда, мањорату малакаи хонандагонро маври-ди санљиш ќарор дињем. Ин љо чанд намунаи санљиши тестиро пешкаш менамоям.

1. Чанд реаксияњои зерин ба реаксияи таљзия мансуб аст?А. BaCl2+H2SO4=BASO4+2 HCLВ. AqNO3+KCL =AqCL+KNO3С. (CuOH)2CO3 2CuO+CO2+H2OD. HNO+KON=KNO3+H2OE. CaO+H2O=Ca(OH)2

1. A 2. B 3. C 4. D 5. E.2. Ќонуни баќои массаи моддањоро ка-

дом олим кашф кардааст?А. Д.И.Менделев.В. М.В.Ломоносов.С. Гей Люссак.D. Бекетов.Е. А.М. Бутлеров.3. Дар организми одам глюкоза чї вазифа-

ро иљро мекунад?А. Манбаи энергия мебошад.В. Дар раванди фотосинтез иштирок меку-

над.С. Катализатор мебошад.D. Ранги сурхи хунро њосил мекунад.Е. Аломатњои ирсиро дар молекулаи худ

нигоњ медорад.Њасан ИСМОИЛОВ,

муаллими фанни химияи мактаби миёнаи №53 ба номи Бобо Худой-

додови шањри Панљакент

УСУЛИ ПЕШЌАДАМ

Истифодаи босамари тест дар таълим

Соли хониши 2012-2013 хонанда-гони синфњои 10 ва 11-и мактабњои тањсилоти миёнаи умумии ноњияи Рўдакї бори аввал ба љои аттестат-сияи хаттї аттестатсияи тестї супо-риданд. Ин усули пешќадам аст. Аз тарафи хонанда мисолу масъалањо њал карда шаванд, натиља бењтар ме-гардид. Аз ин рў, зарур медонам, чанд масъалаи математикиро, ки бо физи-ка алоќамандї доранд, бо роњи тестї њал карда, пешкаши хонандагон на-

моям.Дар аттестатсияи тестї хонанда

бояд донад, ки кадоме аз љавобњо ду-рустанд ва дар зери он хат кашад ё ба дохили доира гирад.Њалли масъалањои тестї аз матема-

тика:Мотосиклсавор бо суръати 36 км/

соат, пиёдагард бо суръати 2 м/сония њаракат мекунанд. Суръати мотосик-лсавор аз суръати пиёдагард чанд ма-ротиба зиёд аст:

ФИЗИКА

Усули бењтарини санљиш

Давлат ШАРИФОВ, муаллими мактаби тањсилоти миёнаи умумии

№98-и ноњияи Рўдакї

Page 8: Omuzgor #41 2013

№ 41, 11 октябри соли 20138 ОМЎЗГОР НУЌТАИ НАЗАР

Шумораи хонандагон солњои тањсили 1927-28 ба 9070, 1928-29 ба 12000 нафар расид.

МИНБАРИ МУТАХАССИС

ТАЉРИБА

Арзёбии зинањои системаи тањсилот ва омилњои муайянку-нандаи сифати тањсилот дар њар кадом зинаи тањсилот масъалаи бисёрљанба буда, имконияти тањлил он дар доираи як маќола аз имкон берун аст. Бинобар ин, мо лозим донистем дар доираи муай-ян намудани наќшу маќоми так-мили ихтисоси кормандони соњаи маориф дар системаи тањсилоти миллї ва ояндабинии рушди так-мили ихтисос мањдуд шавем.Мутаассифона, то ба имрўз

санади меърию њуќуќии расмие, ки маќоми такмили ихтисосро дар системаи тањсилот муайян карда, муносибатњои бахши так-мили ихтисосро ба таври бояду шояд ба танзим дарорад, вуљуд надорад. Дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мао-риф» (2004, 2013) такмили их-тисос ва бозомўзї ба ќисмати «Тањсилоти иловагї» ворид кар-да, бо марказњои эљодии кўдакон, мактабњои варзишии кўдакон, курсњои кўтоњмуддати касбомўзї, мактабњои бадеї, њунарї ва ѓайра, ки соф характери ихтиёрї доранд, дар як саф гузошта шуда-аст. Мантиќан такмили ихтисос ва бозомўзї тањсилоти иловагї аст. Аммо аз намудњои дигари тањсилоти иловагї такмили их-тисос ва бозомўзї моњиятан фарќ дошта, дар системаи тањсилоти миллї зинаи њатмї ва зарурї аст. Субъекти тањсилот бидуни азхуд намудани дониши иловагї оид ба њунари бадеї, рассомї ва ё дигар фаъолиятњо, ки ихтиёрї аст, метавонад фаъолияти худро мустаќилона сайќал дињад, ле-кин бе такмили мањорати касбї, бе такмили ихтисос пеш бурдани фаъолияти таълимї ѓайриимкон аст. Давра ба давра аз такмили ихтисос гузаштани кормандони маориф љараёни њатмї ва зарурї дар системаи тањсилоти миллї ме-бошад Азхуд намудани донишу мала-

каи ба талаботи замон љавобгўйро фаќат такмили ихтисос таъмин

карда метавонад. Такмили их-тисос пайвандї ва алоќамандии њамаи зинањои тањсилотро таъмин мекунад. Имконияти пайвандї, бањамтаъсиррасонї, мукаммалсо-зии ташкил ва идоракунии соњаи маорифро ва вуљуд меорад. Ма-салан, тамоми њуљљатњои меъё-рию њуќуќии Њукумати Љумњурии Тољикистон, Вазорати маориф, ки сиёсати давлатро дар соњаи маориф муайян мекунанд, фавран дар курсњои такмили ихтисоси кормандони маориф, ташрењ ва тавзењ гашта, усулњои зуд ва сама-ранок татбиќ намудани онњо тав-сия дода мешавад, яъне, љараёни ба иљрокунанда расонидани муњтавои санади расмї зуд ва нишонрас ба амал меояд. Аз та-рафи дигар, дар курсњои такмили ихтисоси роњбарони муассисањои таълимї, омўзгорони фаннї ва ди-гар кормандони соња масъалањои татбиќи Стандартњои давлатии тањсилот, Наќшаю барномањои таълимї, китобњои дарсї, таъ-мини методии љараёни таълиму тарбия, идоракунии соња ва ѓайра мавриди арзёбї ќарор дода меша-ванд. Фикру андеша, пешнињоди шунавандагон оид ба масълањои марбута муњокима гашта, хулосањои нињої ба раёсатњои дахдори Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон ва Акаде-мияи тањсилоти Тољикистон ра-сонида, дар такмили њуљљат исти-фода мешаванд. Њамзамон, мањз дар курсњои такмили ихтисос ба таври системанок сатњи тайёрї, малака ва мањорати касбии кор-манди маориф такмил ва сайќал дода мешавад. Мутаассифона, тањлили вазъи

имрўзаи такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи мао-риф, таркиб, сохтор, мундариљаю мазмуни фаъолияти муассисањои бахши такмили ихтисос аз он шањодат медињанд, ки масъалањои њалталаб дар ин ќисмати системаи тањсилоти миллї кам нестанд. То њол системаи мукаммал ва фаъолу самараноки такмили ихтисос, ки ба талаботи замон љавобгўй бо-шад, ташаккул наёфтааст. Систе-маи мављудаи такмили ихтисос аз рўйи принсипи минтаќавї ташкил карда, кормандони маориф дар Донишкадаи љумњуриявии такми-ли ихтисос ва бозомўзии корман-дони соњаи маориф, Муассисањои такмили ихтисоси вилоятию шањри Душанбе аз такмили их-тисос гузаронида мешаванд. Њамасола дар муассисањои так-мили ихтисос 17-18 њазор корман-дон аз курсњои такмили ихтисос мегузаранд, ки ин наздик 70%-и

меъёр аст. Нињоят заиф будани пояи моддї - техникї, таълимию методї ва кадрии муассисањои такмили ихтисоси минтаќавї имконият намедињад, ки фароги-рии миќдории меъёрї ва сифати дилхоњи такмили ихтисоси кор-мандони соња ба амал бароварда шавад. Доираи раќобат дар си-стемаи такмили ихтисос нињоят мањдуд аст. Такмили ихтисоси кормандони бахши тањсилоти миёна ва олии касбї мукаммал, фарогир, системанок, танзим-шаванда, фаъол нест, њол он ки донишгоњњои олии касбии базавї дар ин маврид имкониятњои хуб доранд.

…Бо маќсади њарчи зудтар ба вуљуд овардани системаи такмили ихтисоси ба талаботи Тољикистони соњибистиќлол ва системаи тањсилот љавобгўй бо да-стури вазири маорифи Љумњурии Тољикистон аввал Консепсия ва баъдан «Барномаи давлатии руш-ди такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маориф барои то солњои 2020» тањия гардид, ки њоло дар љараёни мувофиќа на-мудан бо вазорату кумитањои марбутаи љумњурї ќарор дорад. Барномаи мазкур масъалањои стратегии рушди такмили ихти-сос ва бозомўзии кормандони соњаи маориф, роњњои дар амал татбиќ намудан ва манбаъњои маблаѓгузории татбиќи барнома-ро муайян намудааст.Њамчунон њуљљати муњими

давлатии дигар–«Тартиби такми-ли ихтисос, шакл ва намудњои он» низ аз тарафи мушовараи Вазора-ти маориф маъќул дониста, барои мувофиќа ба вазоратњои дахлдор пешнињод шудааст.

Дар назар аст, ки дар на-вбати аввал системаи ягонаи фаъоли такмили ихтисос ташак-кул дода шавад. Донишкадаи љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи ма-ориф бояд танњо бо такмили их-тисоси директорони муассисањои таълимии љумњурї (томактабї, миёнаи умумї), кормандони муассисањои тањсилоти ибтидоии касбї, идораю шуъбањои маориф ва бозомўзии кормандони соња машѓул шавад. Марказњои так-мили ихтисоси вилоятию шањри Душанбе бошад бояд такмили ихтисоси омўзгорони фаннию ди-гар кормандони соњаро ба амал бароранд. Такмили ихтисоси кормандони муассисањои таъли-мии миёнаю олии касбї бояд дар донишкадањои такмили ихтисоси донишгоњњои олии базавї ташкил карда шавад. Масалан, таъсис додани донишкада ва ё факул-тети такмили ихтисос дар назди Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи С.Айнї им-кон медод, ки такмили ихтисоси омўзгорони тамоми мактабњои олї ва миёнаи касбии омўзгорї ташкил ва гузаронида шавад. Ва ё таъсиси Донишкадаи такмили ихтисос дар назди Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон барои такмили ихтисоси кор-мандони риштањои иќтисодии њамаи мактабњои миёна ва олии касбии иќтисодии кишвар муфид аст. Таъсиси чунин донишкадаю факултањои такмили ихтисос метавонад дар давраи фаъоли-ят дар асоси шартномавї (њоло муассисањои тањсилоти касбї имконияти молиявї доранд) бе истифодаи маблаѓњои буљетї ба амал бароварда шавад. Барои њамоњангсозии кори такмили их-тисоси кормандони соњаи маориф таъсис додани бахши махсус дар назди яке аз раёсатњои вазорати маориф ба маќсад мувофиќ ме-буд.Дар системаи мављудаи такми-

ли ихтисос маблаѓгузорї, барно-маи таълимї, пояи моддї-техникї, маош, давомнокї шакл, таркиб, шањодатномаи хатм ва ѓайрањо дар Донишкадаи љумњуриявии кормандони соњаи маориф ва Марказњои такмили ихтисоси ви-лоятию шањри Душанбе якранг нест. Бинобар ин, ба филиалњои Донишкадаи љумњуриявии такми-ли ихтисос ва бозомўзии корман-дони соњаи маориф табдил дода-

ни Марказњои такмили ихтисоси вилоятию шањри Душанбе зарур аст. Зеро ин амр, ба фаъолия-ти системаи такмили ихтисос ва бењтар намудани сифату самара-нокии самтњои фаъолияти њамаи муассисањои такмили ихтисос таъсири мусбат расонида, барои аз системаи кабинетї ба системаи кафедравии таълим гузаштан ша-роит фароњам месохт ва густариш додани корњои тањќиќотию ил-миро дар тамоми самтњои такми-ли ихтисос вусъат мебахшид.Аз љониби дигар, таъсиси филиалњо барои ба танзим даровардани маблаѓгузорї ва дар ин асос ба-рои дар тамоми муассисањои такмили ихтисос бунёд намудани базаи моддї, техникї, таълимї ва методии замонавии такмили ихти-сос мусоидат менамуд. Њамчунон, бо таъсис додани филиалњо имко-ният пайдо мешуд, ки дар тамоми љумњурї такмили ихтисоси кор-мандони муассисањои таълимии томактабї, тањсилоти умумї ва ибтидоии касбиро аз рўйи талабо-ти ягонаи давлатї ба роњ монда, сифат ва самаранокии фаъолия-тро дар њамаи муассисањои так-мили ихтисос таъмин кард.Заиф ва нокифоя будани пояи

моддию техникии таълим дар муассисањои такмили ихтисос са-бабгори он аст, ки ќисмати асосии (80%) курсњои такмили ихтисоси омўзгорони фаннї бевосита дар мањал, дар шакли курсњои так-мили ихтисоси сайёр гузаронида мешаванд. Ташкили чунин шак-ли такмили ихтисос талаботи давлатї љавобгўй нест. Њоло танњо дар Донишкадаи љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маориф барои даст кашидан аз курсњои такмили ихтисоси сайёр ва дар базаи худи Донишкада ташкил намудани курсњо шароит ба вуљуд оварда шудааст. Бо ташаббуси Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон ва дастгирии бевоситаи Прези-денти кишвар, муњтарам Эмомалї Рањмон собиќ бинои донишкада бо њамкории Бонки умумиљањонї аз таъмири асосї бароварда шуда, тамоми њуљрањои маъмурї, корї, таълимї, лабораторї ва хобгоњ бо 86 љойи хоб бо техникаю воситањои њозиразамон муљањњаз гардонда шудааст. Бино дорои китобхонаи электронї буда, ба шабакаи интернет пайваст ме-бошад. Донишкада метавонад 18 курси такмили ихтисосро (850

Такмили ихтисос:

Њангоми тадриси ин фан ман ба хонан-дагон мегўям, ки нисбат ба њар як истилоњи геометрї маълумоти муфассал пайдо намо-янд, бояд аввал забони модарии худро хуб донанд. Баъдан забони русиро некў омўзанд, инчунин, донистани алифбои юнонї ва лотинї ба манфиати кор мебошад. Ба онњо адабиёти русии муаллифаш Л.Н.Бескин «Стереометрия», (М.1971) тавсия дода ме-шавад. Маънои як истилоњи геометриеро, ки то имрўз ба хонандагон маълум буд ва ё нав вомехўранд, бо ёрии адабиёти тавсияшуда ва маслињатњои устодон љустуљў менамоянд. Натиљаи кори хонандагони фаъол ва

устодон дар љамъомади иттињодияи методї тањлили худро меёбад. Баъди ислоњ кардани

камбудињо маводи омодакардашуда дар як гўшаи мактаб љойгир кунонида мешавад ва «Луѓати сад истилоњи геометрї» номгузорї карда мешавад. Луѓат мувофиќи тартиби њарфњои алифбои тољикї навишта шудааст ва ду омили муњимро дар бар мегирад:а) Филологї (тарљумаи мафњум ба

забонњои русї, юнонї, лотинї ё дигар забон, сохти грамматикї ва маънои он дар нутќи муќаррарї).б) Таърихї (кї, кай ва барои чї ин

истилоњро ба геометрия дохил кардааст?) Баъзе истилоњоти русї аз сарчашмањои

охирњои асри XVIII гирифта шудааст, ки дар луѓат раќами адабиёти мазкур гузошта шу-дааст. (Масалан «(3)», маънои онро дорад, ки ин истилоњ аз китоби Сатторов И. гирифта шудааст).Аксиома. Юнонї 1). Тасдиќоте, ки исботро талаб намеку-

над, бебањс.2). Њурмат, обрў, эътибор, ки ин њамаро

дар геометрия файласуфон ва математикњо

баъди Евклид овардаанд. Дар Евклид: (койнай эннойай) – комёбињои умумии хи-рад (рус. общие достояния разума). Лотинї: (тарљума): Communes animi conceptions – об-щие понятие души. Русї. – «общие знаемо-сти» (2), «общественные знаемости» (1). Аз (3) сар карда – «аксиома»; (7)- «общие поня-тия». Геометрия. Юнонї. – заминченкунї, – аз калимаи (ге)- Замин; (метрео) – чен ме-кунам, њисоб мекунам.Тарљумаи русиаш «МБРЫ земныя» (асри

XI) буд. Математика Юнонї: (матэма)-дониш, илм, хониш,

фанни даќиќ. Истилоњи ќадим.Аввалин бор математик гуфта, пайравони

Пифагорро меномиданд. Пифагорињо чор « » медонистанд:Омўзиши ададњо (арифметика)Дар бораи мусиќї (гармония)Дар бораи шаклњо (геометрия)Дар бораи љирмњои мунир (астрономия ё

астрология)

Дар асрњои миёна математикаро њатто «сењри пинњон» (чёрная магия) меномиданд.Хотиррасон кардан бамаврид аст, ки ин

мавод барои омўзгорони љавон, донишљўёни донишгоњњои омўзгорї ва хонандагони синфњои болоии равияи табиї-риёзї ман-фиатовар мебошад.Бо њамин тарз, дар гўша як силсила

истилоњот маънидод карда мешаванд:Чанд намуна:1. Абсисса2. Аксиома 3. Асос4. Амудї5. Арз6. Байза7. Баландї8. Биссектриса9. Буриш

Шоњназар ЗАБИРОВ, љонишини директори Мактаби

Президентї барои хонандагони болаёќатиноњияи Бохтар

Луѓатомўзї дар дарси геометрия

Page 9: Omuzgor #41 2013

№ 41, 11 октябри соли 2013 9ОМЎЗГОР НУЌТАИ НАЗАР

ПЕШЌАДАМОН

Солњои нахустини тањсил (1925-26) 63 мактаб, 1926-27 -150, 1927-28 -258, 1928-29 308 мактаб амал мекард.

ИСТИЌБОЛ

нафар) дар худи донишкада бар-гузор намояд. Акнун муаллими фанни химияи мактаби тањсилоти умумии дењаи Эсанбойи ноњияи Рўдакї метавонад ба Душанбе омада, аз курси такмили ихтисос гузарад. Ў имконият пайдо ме-кунад, ки бо марказњои илмию фарњангї аз наздик шинос ша-вад. Лексияи устодони варзидаро шунавад, аз таљрибаи мактабњои тањсилоти умумии пешќадами шањр бархурдор гардад, бо муал-лифони наќшаю барномањои таъ-лимию китобњои дарсї вохўрад ва атрофи масъалањои мазкур ибрози назар кунад, донишу ма-лака ва мањорати касбии худро воќеан такмил дињад ва ѓайра. Аз ин рў, мустањкамкунии пояи моддї-техникї ва таълимию методии њамаи донишкадаю марказњои такмили ихтисос яке аз масъалањои стратегии соња арзёбї карда мешавад.

Дар боби 4, банди 2-и «Стра-тегияи миллии рушди маорифи Љумњурии Тољикистон то соли 2020», ки бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 июни соли 2012, №334 тасдиќ карда шудааст, омадааст: «так-мили ихтисос… бо маќсади… њалли масъалањои рушди мао-риф мунтазам на камтар аз як маротиба дар се сол гузаронида мешавад». Иљрои ин амр талаб менамояд, ки пояи моддию техни-кии муассисањои такмили ихтисос њар чи зудтар ба талабот мувофиќ гардонда шаванд. Гузариш ба даври 3-солаи

такмили ихтисос вобаста бо гу-стариши рушди илму техника ва технологияи информатсионї њодисаи воќеї ва мантиќї аст. Ба муассисањои такмили ихтисос зарур аст, ки барои гузариш ба даври сесолаи такмили ихтисос аз нигоњи моддї, техникї, таълимї, методї ва кадрї сариваќт омода шаванд. Дар назар аст, ки аз соли 2015 такмили ихтисоси директоро-ни муассисањои тањсилоти умумї, љонишинони онњо, муаллимони синфњои ибтидої ва кормандони муассисањои томактабї аз рўйи даври сесолаи такмили ихтисос гузаронида шавад. То соли 2019 такмили ихтисоси кормандони соњаи маориф пурра ба давраи се-сола гузаронида хоњад шуд.Вобаста ба ин, таљдиди назар

кардани курси лексияњо, тањияи модулњои таълимї, коркарди

тестњои санљишии дониши то курсї ва баъди курсии шуна-вандагон, коркарди усулњои ба кори илмию методї љалб на-мудани шунавандагон, тањия ва нашри роњнамои методї ва ди-гар маводњои таълимию методии ёрирасон амри зарурї мегардад. Барои даври сесолаи такмили ихтисос барномањои насли нав бо назардошти талаботи меъё-рии давлатї, стандарти давлатии тањсилот ва истифодаи усулњои фаъоли таълим бояд тањия карда шаванд. Дар назар аст, ки барои њар як курси такмили ихтисос на кам аз се барномаи таълимї тањия гардад. Барномањои таълимии алтернативии курсњои такмили ихтисос, барномањои таълимии шакли кредитии такмили ихти-сос, барномањои таълимии барои шакли фосилавии такмили их-тисос бояд тањия гардида, рўйи кор оянд. Барномањои таълимї барои курсњои такмили ихтисоси роњбарони муассисањои таълимї, кормандони шуъбаю идорањои маориф ва муассисањои тањсилоти ибтидои касбї на кам аз 108 соат ва барои курсњои такмили ихтисо-си омўзгорони фаннї ва дигарон на кам аз 72 соат бояд бошад. Баробари гузариш ба дав-

ри сесола гузариш ба супориши давлатии такмили ихтисос низ масъалаи нав дар ин бахш аст. Муайян кардани супориши (фар-моиши) давлатї ва таъмин наму-дани маблаѓгузории он ба фаъол сохтани системаи такмили ихти-сос ва боло бурдани самарано-кии он шароити ќулай фароњам месозад. Давлат (Вазорати мао-риф дар мувофиќа бо Вазоратњои молия; рушди иќтисод ва савдо) наќшаи такмили ихтисоси кор-мандони соњаи маорифро бо дар назардошти сину сол, таљриба, дараљаи тахассусї, дараљаи вазифавї ва ѓайрањо барои як ва панљ сол тасдиќ карда, вобаста ба имкониятњои муассисањои такми-ли ихтисос шумораи аз курсњои такмили ихтисос гузаштанро таќсимбандї мекунад. Њамзамон, вобаста ба супориши давлатї харољоти воќеии такмили ихтисос-ро барои њар як шунаванда њисоб карда, бо дар назардошти сањми њар як муассисаи такмили ихтисос пешакї маблаѓи харољотро пар-дохт мекунад. Пардохт аз рўйи принсипи маблаѓгузории сарикасї ё худ маблаѓгузории меъёрии

сарикасї сурат мегирад. Ин амр имкон медињад, ки хараљу мараљ, ки имрўз дар маблаѓгузории так-мили ихтисос вуљуд дорад, аз байн бардошта шавад.Њамчунон, бояд тазаккур дод,

ки муассисаи такмили ихтисос њавасмандгардонии кормандонро аз њисоби маблаѓњои ѓайрибуљетии худї низ метавонад ба амал баро-рад. Муассисаи такмили ихтисос дар асоси хизматрасонињои таъ-лимии пулакї метавонад буљаи худро ѓанї гардонад. Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бо-раи маориф» (2013) заминањои меъёрию њуќуќии фаъолияти таъ-лими пулакии муассисањои таъли-мии давлатиро муайян сохтааст. Њоло дар тањкими пояи илмї-

тањќиќотии такмили ихтисос ќадамњои аввал гузошта шуда-аст. Дар сохтори нави Дониш-кадаи љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии корман-дони соњаи маориф шуъбаи то-забунёди аспирантура фаъолият мекунад, ки барои тайёр карда-ни кадрњои баландихтисос ба тамоми системаи такмили их-тисос хизмат мекунад. 6 нафар корманди љавони донишкада дар аспирантура тањсил намуда, 2 нафар унвонљўй-омўзгорони муассисањои тањсилоти умумї дар пешбурди кори илмї-тањќиќотї талош доранд. Му-таассифона, то ба имрўз аз ягон маркази такмили ихтисоси вило-ятию шањрї барои дохил шудан ба аспирантура ва ё пеш бурдани кори илмї нафаре пешнињод на-шудааст. Хуб мешуд, ки њамасола на кам аз 6%-и кормандони муассисањои такмили ихтисос ба аспирантура ва кори унвонљўйї љалб карда шаванд. Танњо бо ин усул (агар онњо дар муњлати муќарраргашта њимоя карда та-вонанд) метавонем ба меъёрњои муайянкунандаи Хадамоти дав-латии назорат дар соњаи маориф оид ба маќоми донишкада (аз рўйи таъмин будан бо кадрњои унвони илмидор) баъд аз 6-7 сол баробар шавем.Кормандони Донишкадаи

љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маориф дар мавзўи «Коркарди усулњои илмии баланд бардошта-ни такмили ихтисоси омўзгорон» фаъолияти илмї-тањќиќотї ме-баранд. Вобаста ба ин мавзуъ мавзуъњои илмї-тањќиќотии

кафедрањо низ муайян карда шу-дааст. Мавзуъ, самтњои тањќиќот, марњалаи тањќиќот ба таври му-шаххас муайян ва тасдиќ карда шуда, тањќиќоти он панљ солро дарбар мегирад. Дар донишка-да, њамчунон тањќиќи мавзўи фармоишї «Дарёфти роњњои ба-ландбардории мањорати касбї дар асоси истифодаи техноло-гияи њозиразамон» амалї мегар-дад.Дар назди кафедраи психоло-

гия, педагогика ва методикаи таъ-лим озмоишгоњи (лабораторияи) «Такмили мањорати педагогї» таъсис дода шудааст, ки оид ба пањлуњои мухталифи такмил до-дани мањорати педагогии омўзгор тањќиќот мегузаронад. Дар назар аст, ки чунин озмоишгоњ дар наз-ди кафедрањои дигари донишкада низ таъсис дода шавад. Масъалаи дигари муњим ва

њалталаб ба амал баровардани љараёни бозомўзии кормандо-ни соњаи маориф аст. Мутаас-сифона, то њол на Донишкадаи љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маориф ва на Марказњои такми-ли ихтисоси вилоятию шањрї ба ин кор даст назадаанд, њарчанд дар баробари такмили ихтисос бозомўзї низ чун самти асо-сии фаъолияти муассисањои такмили ихтисос ба њисоб ме-равад. Њаќиќат аз он шањодат медињанд, ки фанњои мухталиф (суруд, мусиќї, наќшакашї, њуќуќи инсон, технологияи мењнат, иќтисоди бозоргонї, алифбои ниёгон, таърихи дин ва чанд фанњои дигар) аз тарафи му-тахассисони ѓайриихтисос таъ-лим дода мешавад. Бо бањонаи соати таълимии фанњое, ки аз меъёри сарбории воњид кам аст, таълими онњо ба муаллимони ѓайриихтисос вобаста карда ме-шавад. Масалан, таълими фанни

«Њуќуќи инсон» бештар ваќт аз тарафи муаллими фанни таърих ба амал бароварда мешавад. Ин муаллим акнун бояд ба таъли-ми ду фанни дорои хусусияти алоњида омодагї гирад, ваќти худро бештар на барои омодагї ба таълими фанни таърих, балки барои андўхтани донишу мала-каи таълими фанни дуюм, ки ў мутахассис нест, сарф мекунад. Ин амр боиси коста шудани си-фати таълими њам фанни «Таъ-рих» ва њам фанни «Њуќуќи ин-сон» мегардад. Аз тарафи дигар муал-

лимони фанњои алоњида, ки ѓайриихтисосанд, бояд аз курсњои бозомўзї гузаранд. Донишкадаи љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маориф доир намудани курсњои бозомўзиро аз рўйи барномаи 500, 1000 ва 2000 - соатаи таълим ба наќша гирифтааст. Дар назар аст, ки аввал курсњои мазкур ба-рои муаллимони ѓайритахассус, ки аз фанњои «Њуќуќи инсон», «Иќтисоди бозоргонї», «Техно-логияи мењнат» таълим медињанд, доир карда шавад. Инфраструктураи замонавии

такмили ихтисос таъсиси студияи таълимиро низ дар назар дорад. Њамчунон бояд тазаккур дод,

ки таъсирбахш ва натиљанок сох-тани фаъолияти иттињодияњои методии мактабї, ноњиявї, ди-гаргун сохтани сохтору мазмуни фаъолияти кабинетњои методии назди идораю шуъбањои маориф шарти муњими ташаккули си-стемаи такмили ихтисоси миллї мебошад. Дар назар аст, ки таи се соли наздик низомномањои иттињодияи методию кабинетњои методї мутобиќи талаботи макта-бу маорифи имрўза таљдиди назар карда, аттестатсияи кормандо-ни кабинетњои методии идораю шуъбањои маориф, мониторинг ва бањодињии сифати фаъолияти онњо њамчун «методист-омўзгор» гузаронида шавад.Ба назари мо, таъкиди Вазири

маорифи Љумњурии Тољикистон, муњтарам Саидов Н.С. хеле ба-маврид аст, ки фармудаанд: «То он даме ки мо такмили ихтисосро ба таври бояду шояд ташкил на-кунем, малакаю мањорати касбии омўзгорро ба дараљаи баланд на-бардорем, ба сифати тањсилот умед бастан ѓайриимкон аст».

Л.НАЗИРОВА,ректори Донишкадаи

љумњуриявиитакмили ихтисос ва бозомўзии

кормандони соњаи маориф,Њ.БОБОЕВ,

мушовири ректор

стратегияи рушд

Ќонуни мазкур њуљчатест ки асосњои њуќуќї, ташкилї, иљтимої, иќтисодї до-шта, барои рушди мактабу маориф ва таълиму тарбия замимаи њуќуќї муайян менамояд.

22 июли соли 2013 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф» дар тањрир, такмил ва иловањои нав бо имзои Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон ба тасвиб расид, ки аз 8 бобу 66 модда иборат аст.

Ин ќонун њамчун санади меъё-рии њуќуќї сиёсати давлатро дар соњаи маориф пеш бурда, дар таѓйиру такми-ли пурраи рушди устувори соња ва ба стандартњои байналмиллалї мутобиќ намудани тањсилот ба инобат гирифта шудааст. Ќонуни соли 2004 аз 19 мафњум, ќонуни нав бошад, аз 46 мафњум ибо-рат аст. Дар ќонуни нав, пеш аз њама, ба

мустањкам намудани заминаи моддию техникї, табъу нашри китобњои дарсї, маблаѓњои сарикасї, тайёр кардани му-тахассисони варзидаи касбию илмї, таъ-мини муассисањои таълимї бо техникаву таљњизоти њозиразамон, тањияи стандарти давлатии тањсилот, кушодани мактабњои типи нав, ба роњ мондани тањсилоти ка-лонсолон ва муттасилу фарогир эътибори љиддї дода шудааст. Инчунин ба бењтар намудани вазъи иљтимоии кормандони соњаи маориф дар ќонуни мазкур эътибо-ри љиддї дода шудааст. Агар дар ќонуни

соли 2004 танњо дар як модда – моддаи 52 дар бораи њифзи иљтимоии кормандони соња сухан равад, дар ќонуни љадид дар 3 модда – моддањои 52, 53 ва 54 оид ба њифзи шаъну шарафи омўзгор, имтиёзњои омўзгорон, таъминоти моддии онњо ва ди-гар кормандони соњаи маориф таъкидњо оварда шудаанд. Ќонуни љадид дар ро-бита ба Ќонун «Дар бораи масъулияти

падару модар дар таълиму тарбияи фар-занд» тањия ва ќабул гардидааст, ки мод-даи 46 (банди 3) -и он волидонро масъул намудааст, ки ба раванди таълиму тарбия ва сатњи дониши фарзандонашон шинос шаванд. Ин талаботи ќонун волидонро муваззаф намудааст, ки ба мактаб њар чї бењтар алоќаи ќавї дошта бошанд.

Н. ДАГИЕВ, Б. ЊАЙДАРОВ,

мутахассисони Маркази љумњуриявии таълимиву методии Вазорати маорифи

Љумњурии Тољикистон

Ќонуни ояндасозБа ифтихори гиромидошти Рўзи Мав-

лоно дар њамаи муассисањои таълимии шањри Хуљанд чорабинињои адабию фарњангї баргузор гардиданд. Аз љумла, дар мактаби №7 озмуни ќироати шеъри Мавлоно ва «Маснавихонї» доир гар-дид, ки дар он беш аз 100 нафар хонан-дагон иштирок карданд. Њайати њакамон якдилона љойи аввалро ба Мафтунаи Шањобиддин аз мактаби № 19 сазовор донистанд. Љойи дуввум насиби Мафтуна Расулова аз гимназияи №24 ва Сафинаи Суруш аз мактаби №10 ва маќоми сеюм ба хонандагон Мижгона Ахмедова аз гимназияи №4, Муњаррамхон Ањмадова аз мактаби № 16 ва Фарзона Расулова аз мактаби № муносиб дониста шуд.

Нуъмон РАЉАБЗОД

Гиромидошти Рўзи Мавлоно

Page 10: Omuzgor #41 2013

№ 41, 11 октябри соли 201310 ОМЎЗГОР ВОКУНИШ

Дар давраи чорабинии нахустини «Моњи маориф» (августи соли 1925) аз тарафи ањолї 32 мактаб сохта шуд.

САНЉИШ

То шумо њам гуфта будандБо дастуру супориши бевоситаи вазири

маорифи Љумњурии Тољикистон Нуриддин Саидов аз пайи тањќиќ ва баррасии маводи нашршуда ба ноњияи Љалолиддини Румї озими сафар шудем. Аслан масъалае, ки муаллифи маќола

Саиди Маъруф (Саидрањмон Назриев) дар нашрияи «Пайк» матрањ намуда-аст, бо вуљуди идомаи босуръати бунёди муассисањои таълимии наву замонавї дар саросари шањру навоњии кишвар, њамчунон љой дорад ва тўли солу моњњои на он ќадар дароз наметавон якбораву фавран љамеи ин проблемањоро ба осонї њал намуд. Сухан дар бораи бинои мактаби №51-и ноњияи Љалолиддини Румї меравад, ки боиси овоз-аю суњбатњои идоравию сарироњии ашхоси гуногункасбу гуногунпеша гардидааст.Бале, њар он манзараеро, ки бо хурдта-

рин љузъиёташ рўзноманигор инъикос на-мудааст, мо низ њангоми сафари ко-рии худ дар таълимгоњи номбурда ба мушоњида гирифтем ва бозгўии вазъ зарурате надорад.Аммо чанд омилест, ки наметавон

њангоми баррасии ин масъала ноди-да гирифт ва ба ќавле, «санги ман сад ман гуфта», «аробаи холиро гирифту гурехт». Дигар ин ки тибќи Ќонун «Дар бораи матбуот» зимни баёни ан-дешаву афкор ва тањлилу тањќиќоти журналистї ба рўзноманигор њуќуќ дода нашудааст, ки ба иззати нафси афро-ди алоњида расида, шаъну шараф ва обрўи касеро бе њељ асос паст бизанад.

Мудир аз чї мегўяд?(ё ќиссаи 7 гектар замини бекорхобида,

ки ба мактаб тааллуќ дорад)Ваќте ки мо ба маркази ноњияи

Љалолиддини Румї расидем, сараввал ба шуъбаи маориф даромадем. Сардори шуъ-баи маориф Љаббор Абдурањимов пас аз ит-тилоъ ёфтан аз ќазияи мактаби №51, воќеъ дар шањраки Гулистон норозиёна даст аф-шонда, иброз дошт, ки «аз вазъи мактабе, ки Саидрањмони мухбир оѓилхонааш но-мидааст, амиќан огањї дорад.

- Дарвоќеъ, рўзноманигор аввал телефонї бо мо дар тамос гардид, - шарњ дод Љ.Абдурањимов. -Ман аз ў хоњиш кардам, ки ба идора биёяд, то ба таври мушаххасу ошкоро дар масъалаи толо-ри мактаби №51 ва дигар проблемањои љойдоштаи таълимгоњ суњбат кунем. Мух-бир омад ва мо атрофи камбудињое, ки ў як-як раќамзанї мекард, бањс њам кардем. Ман дар фарљоми суњбат аз Саидрањмон даъват кардам, ки масъалаи мактабро воќеъбинона (на яктарафа) инъикос на-мояд, аслан бењтар мебуд, то дар чопи ма-вод шитоб накунад. Вай розї шуд, вале бо вуљуди баёну бозгўии асли воќеа аз кору амалњои хуб ва дастовардњои њукумати ноњия дар зарфи як соли ахир дар матла-баш њарфе нагуфтааст. Хуб, мо инро ба виљдони рўзноманигор њавола мекунем. Њамакнун меоем сари «мољарои» макта-би №51.Дар макола омадааст, ки «мактаби ном-

бурда давоми солњои соњибистиќлолии кишвар, аз оѓози асри 21 то соли 2012-ум аз барќ усулан мањрум будааст ва танњо баъди чопи як маќолаи танќидї дар яке аз нашрияњои мустаќил мактаб бо барќ таъмин гардид». Бояд тавзењ дод, ки мак-таб бо ташаббусу дастгирии њукумати ноњия бо барќ таъмин карда шудааст ва он андешаи мухбир, ки ба сабаби набу-дани барќ садњо нафар муњассилини ин мактаб бесавод мондаанд, асоси воќеї надорад. Хатмкунандагони таълимгоњ муддати солњои дароз дар олимпиадањои гуногуни ноњиявию минтаќавї, вилоятї ва љумњуриявї иштирок карда, соњиби љойњои намоён ва медалњои тилло, нуќра ва биринљї гардидаанд. Танњо худи

њамин сол 26 нафар толибилми мактаб ба макотиби олї ва коллељњо дохил гарди-даанд, ки инро нодида гирифтан камоли беинсофист. Дар хусуси тўли 21 сол вуљуд надоштани њољатхона њаминро бояд ќайд кард, ки ин сухан низ носањењ ва безами-на гуфта шудааст. Мактаб њољатхона дошт, фаќат он кўњнаву фарсуда буд. Њољатхонаи нав бе муболиѓаву њангомаи рўзноманигор низ ќаблан сохта шудааст, ки ў инро худ њангоми боздид бо ду чаш-ми сар дидаву тасдиќ кардааст.Аммо дар бораи дарњои даромадгоњ ва

якчанд синфхонаи мактаб… Дуруст аст, ки ин дарњо хеле фарсудаву фартутанд ва кайњо мебоист онњоро ба наваш иваз ме-намуданд.

- Дар ин боб ман, чунон ки дар мат-лаби «Пайк» гуфта будам, такрор шавад њам, таъйид мекунам, ки гуноњи директо-ри мактаб калон аст. Директори мактаб бояд шахси серѓайрату талошманд бо-шад, њама норасоињову мушкилоташро

ба дўши маќомот бор накарда, баъзе ка-мию костї ва шикасту рехти мактабашро худ дар алоќаву мувофиќа бо сокинони шањрак ва маќомоти масъули љамоату ноњия њал кунад, - меафзояд сардори шуъбаи маориф. -Вале афсўс, ки дирек-тори мактаби №51 Н.Рустамов ба бепар-воию фориѓболї роњ дода, аз пайи рафъи камбудињо ташаббус нишон надодааст.Як мисоли одї. Ба ихтиёри мактаб 7

гектар замин вогузор карда шудааст. Агар рањбарияти мактаб ин заминро обёрї на-муда, самаранок истифода мекард, аксар камбудиву мушкилоташро аз њисоби да-ромади он кайњо барњам медод. Њар сол як дари нав мехарид, давоми 20 сол бист дарро иваз мекард. Боз дигар корњоро анљом медод. Аммо Рустамов бањона пеш меорад, ки дар он наздикињо об нест, чї тавр заминро киштбоб ва самаровар гар-донем? Њол он ки дар худи њамон шањраки Гулистон соњибкор Саидалї Расулов зиндагї мекунад ва борњо хоњиш наму-дааст, ки њамин заминро ба ў ба иљора дињанд, аз даромадаш мактабро обод хоњад кард, масъалаи дарњои даромадгоњ ва њатто, таъмиру таљдиди мактабро њаллу фасл хоњад кард.

- Бар ивази иљораи замин њар сол се тонна гандум ба мактаб месупорам, - ваъ-да додааст соњибкор.Ба таъкиди Љаббор Абдурањимов ў аз

уњдаи ин кор сарбаландона мебарояд.- Акаи Сайдалї соњибкори боирода

ва муваффаќ аст. Худи њамин сол њамон 7 гектар заминро ба ихтиёри вай месу-порем. Бигузор, аз фоидаву даромади он ба мактаб кўмак кунад, - мегўяд сардори раёсати маориф.Љ.Абдурањимов ќайд кард, ки ба саба-

би сустию бепарвоии директори мактаб маљлиси махсус гузаронда, аз сарварони дигар таълимгоњњои ноњия хоњиш намуд, ки барои бо дару тирезањои нав таъмин сохтани мактаби №51 ёрии њамаљонибаи худро дареѓ надоранд. Ин масъала рўзњои наздик пурра њал хоњад шуд.Дар боби толори маљлис ва варзишї

низ њуљљатњо омодаву тањия гардидаанд. Бо дастури сардори раёсати маорифи ви-лояти Хатлон Хоналї Ќурбонзода мактуб омада шуда, он ба раиси ноњия пешнињод гардид.Сухан дар мавриди људо намудани

маблаѓњои зарурї барои таъмири толори мактаб меравад. Рўзњои наздик мактуб ба Вазорати маориф бањри баррасї ирсол карда хоњад шуд.

«Агар гунањкори асосї ман бошам...» ё сарвари мактаб аз чї норозистСарвари мактаби №51 Рустамов дар

суњбат иброз дошт, ки «агар гунањгори асо-сии њамаи мушкилоти љойдоштаи мактаб вай ба њисоб равад, омода аст, худи њозир аз вазифаи директорї даст бикашад».

- Медонед, ин камбудиву норасоињо нав нестанд, - фањмонд директор. - Бисту як сол боз љамъ шудаанд, онњоро бояд амалан њал намуд.Аз соли 1993 то соли 2012 мактаб уму-

ман барќ надошт. Ин факт дуруст аст. Вале дар бораи њољатхона мухбир муњобот кар-дааст. Њољатхона дошт мактаб… Мана, на-вашро сохтем.Дар маркази шањраки Гулистон

таќрибан 600 хољагї мављуд аст. Њамин

сол аз њисоби маблаѓњои сарикасї (8000 сомонї) ва кўмаки комитети падару мо-дарон (14900 сомонї) бинои таълимгоњ аз таъмири асосї бароварда шуд (Танњо аз таъмир!)Барои иваз кардани дарњои даромадгоњ

пулро аз куљо дастрас мекунї? Ба гуфтаи директори мактаб, як дари дутабаќаи нав дар маѓозањо 740-800 сомонї бањо дорад.

- Акнун њисоб кунед, ки 20 дар бо ин нарх чанд сум мешавад? – бо њайрат ме-пурсад Рустамов. -Мо бояд чї кор кунем? Дар ин масъала солњои зиёдест, ки ба раё-сати маорифи ноњияву вилоят ва њукумати мањаллї мурољиат кардаему мекунем. Вале бе натиља.Умуман, бинои мактаби номбурда ба

таъмиру азнавсозии љиддї ниёз дорад.- Толори маљлис ва варзишгоњ солњо

пур аз об буд, - шарњ медињад директор. -Заминњои мо намноканд. Мо рад намеку-нем, ки фаршњои тахтагин зањ кашидаанду бўи маѓор мекунанд. Њатто, чор сол ќабл як намояндаи Институти заминшиносї ба мактаби мо омада буд. Оби дохили то-лорро санљида, пешнињод кард, ки дар беруни бино, чоњи амиќ бикананд, то оби мављуда ба он равон карда шавад. Њамин обу зањ ва нам њоли мактабро хароб кар-дааст. Маълум, ки љињати таъмиру эњёи толори маљлисгоњ ва варзишии таълимгоњ маблаѓи калону њангуфте лозим аст. Ва аз нав кардани дару тирезањо, фарши толорњо, асбобу анљоми варзишї, мизу курсињо, пўшонидани боми бино, рангубо-ри он амали сањлу осон ва якрўзаву якмоња намебошад.Акнун чанд сухан оид ба маблаѓе, ки ба

тасдиќи раёсати маорифи ноњия бењуда мас-раф гардидааст. Чунон ки директор мактаб тафсир кард, соли 2012 намояндаи ширка-ти «Рассом»-и назди Вазорати мудофиаи Тољикистон Њакимов ба мактаб омада, дар мавриди хариди овезаву навиштаљот ва ас-бобу анљом (аз ќабили мизу курсї, љевон ва ѓайра) бо мудирияти мактаб суњбат орост. Аз љумла, Њакимов гуфт, ки агар дар суратњисоби мактаб маблаѓи зарурї

мављуд бошад, дар масъалаи бо асбобу анљом ва овезаву навиштљот таъмин наму-данашон кўмак хоњанд кард.

- Њамон 27000 сомоние, ки дар борааш ин ќадар њарф заданро дўст медоранд, ба њамин кор сарф шудааст, - мегўяд директо-ри мактаб. -Мо ягон сомонии ин маблаѓро бењуда ба бод надодаем. Њуљљату аснод до-рем.Раёсати маорифи ноњия моро ба он

айбдор мењисобад, ки њамин пулро барои хариди дарњои даромадгоњ бояд истифода мекардем. Охир, инсоф куљост? Дар њоле ки мактаб тайи солњои тўлонї мизу курсї, љевон ва навиштаљоту овезањо надошту мо бо ин пул он њамаро харид кардем. Магар мо гуноње содир намудем?! Аз боби 7 гектар замин ва истифода набурдани он аз љониби мудирияти мактаб пурсон гардидем.

- Аз он замин чї тавр њосил метавон ги-рифт, дар њоле, ки об тамоман мављуд нест? - суол медињад Рустамов. Соњибкор Саидалї Расулов тасмим ги-

рифтааст, ки заминро обёрї карда, аз даро-мадаш мактабро обод менамояд. Ин амал-ро директор як хаёли хом ва имконнопазир мењисобад.

Сифати таълим бад нестДар мактаби №51 алњол 50 нафар

муаллим ба кори таълиму тарбия машѓуланд, ки аз онњо 30 нафар до-рои маълумоти олї, 18 нафар миё-наи махсус ва 2 нафар олии нопур-ра мебошанд. Ба таъкиди директор, дар таълимгоњ чор насли шогирдо-ни мактаб ба фаъолияти педагогї машѓуланд. Худи директор 24 сол мешавад, ки дар ин вазифа кор меку-над.

- Њамаи муаллимон мерасанд, - мегўяд сарвари мактаб. - Натиљањои кори устодону омўзгорон хеле хурсандибах-шанд. Танњо соли равон ба муассисањои олии касбии љумњурї 26 нафар дохил шу-данд. Њамчунин, гурўњи хонандагон дар озмунњои фаннии љумњуриявї фаъолона иштирок карда, соњиби медалњои тилло, нуќра ва биринљї гардидаанд.

- Магар мо, аз ќавле, «даст болои даст монда» нишастаем? – норозиёна мегўяд директор. -Њамаи ин натиљаи зањматњои шабурўзии омўзгорони мактаб мебошад. Ин дастовардњоро нодида гирифтан њељ мумкин нест!

Раиси ноњия: маќсади аввалини мо таъмиру таљдид ва бунёди мактабњостДар суњбат раиси ноњияи Љалолиддини

Румї Амирулло Холов ќайд кард, ки аз навиштаи муаллиф Саиди Маъруф (С.Назриев) хафаманду норизо нест.

- Танњо як омилро набояд нодида ги-рифт. Дар фосилаи як соле, ки банда ба вазифаи раисии ноњия пардохтам, аввалин корњои худро аз масоили мактабу маориф шуруъ кардам. Дар ин муддат 156 синфхо-наи иловагї сохта ба истифода дода шуд. Мактабњои љадид бунёд гардиданд. Таъ-миру азнавсозии муассисањои таълимї суръату ривољи тоза мегирад. Вазъияти мактаби №51 дар мадди назари мост. Мо дар њамдастї бо раёсати маорифи вилоят, ноњия ва Вазорати маорифи кишвар ният дорем, то таъмиру таљдиди толори маљлис ва варзишии мактабро низ роњандозї на-моем.

-Ба проблемаву мушкилот аз нигоњи воќеият бањо бояд дод. Гуфтан кам аст, њаллу баррасї ва бартараф намудани камбудињо тарафи дигари масъала ба шумор меравад. Фаромўш набояд кард, ки барои анљоми таъмиру азнавсозї ва барќароркунии як толори мактаб маблаѓи калон сарф кардан лозим меояд. Ин кори осон нест, - гуфт дар хотима Амирулло Хо-лов.

Шодї РАЉАБЗОД,«Омўзгор»

Мактаб дар мадди назари мостЉавоб ба матлаби нашрияи «Пайк»-и вилоятиХатлон бо номи «Мактаб-оѓилхона дар асри ХХ1»

АЗ ИДОРА: Њангоме ки матлаби мазкур барои чоп омода мегардид, аз раёсати маорифи ноњия иттилоъ гирифтем, ки зимни санљиши мактаби №51 аз љониби намо-яндагони раёсати маорифи вилояти Хатлон камбудиву норасоињои фаровоне ошкор гардидааст ва вобаста ба ин, директори мактаб Н.Рустамов аз вазифа озод карда шудааст. Бо дигар шудани рањбарияти мактаб вазъияти мављуда ба тарафи мусбат таѓйир мепазирад ё не, ваќт довар аст.

Page 11: Omuzgor #41 2013

№ 41, 11 октябри соли 2013 11ОМЎЗГОР МАКТАБИ ОЛЇ

МИНБАРИ ДОНИШЉЎ

Ташаббускори Рўзи Рўдакї таъин кардани рўзи 2-3-юми Наврўз (22-23 март) Назорати маориф (моњи марти соли 1926) мебошад.

ЊАМКОРЇ

Чунонки дар ифтитоњи вохўрї ректори донишгоњ, доктори илми иќтисодї Мумин Шарипов гуфт, ДДТТ муассисаи тањсилоти олии тамоили иќтисодии кишвар ме-бошад, ки заминањои таъсиси он њанўз солњои сиюми ќарни би-стум гузошта шуда буд. Дар беш аз 50 сол эњтиёљи Тољикматлубот ва соњаи тиљоратро бо кадрњои олитахассус дар љумњурї танњо хатмкардањои макотиби олии дигар љумњурињои Шўравї таъ-мин менамуданд. Баъди гузаш-ти солњо ДДТТ аввалин муас-сисаи тањсилоти олии касбии љумњурї гардид, ки раванди таъ-лимро тибќи низоми кредитии тањсилот ба роњ монда, бањри ворид шудан ба фазои љањонии тањсилот ќадамњои устувор ме-гузорад. Сазовор гардидан ба љойизањои байналмилалї – «Си-фати Аврупої» ва «Муассисаи бењтарини Аврупо», њамкорї бо мактабњои олии давлатњои ИМА, Фаронса, Итолиё, Испания, ЉИЭ, муассисањои тањсилоти олии ИДМ, ташкилотњои байналхалќии «Ав-руОсиё» ва монанди инњо аз ну-фузи байналмилалии донишгоњ дарак медињанд.

- Њар як ташаббуси донишгоњи мо, - афзуд ноиби ректор оид ба робитањои байналмилалї, номза-ди илми иќтисодї З. Ќодирова, - оид ба болоравии сифати тањсилот ва самаранокии фаъолияти илмї – пажўњишї аз тарафи Вазорати ма-орифи Тољикистон, Њукумати ЉТ ва муассис – Раёсати итттифоќи Тољикматлубот дастгирї меёбад.Устодон – собиќ хатмкардањои

ин даргоњ, њамчунин шогирдо-ни онњо, тайи ду – се соли охир

аз њисоби маблаѓњои донишгоњ ва ташкилотњои хориљї ба муассисањои тањсилоти олии кишварњои хориљї фиристода шуда буданд, хотирањо, андеша ва пешнињодоти худро ироа до-штанд. Маълум гардид, ки бештар

аз сї нафар устодон дар магистра-тура ва докторантураи давлатњои Испания, Чехия, Лањистон, Феде-ратсияи Россия, Белорус, Украи-на, Англия, Њиндустон, Кореяи Љанубї ва ѓайра тањсил карда, дар баробари ин, дониши худро сайќал доданд. Рухшона Одинаева ва Зубай-

да Пакаева муаллимањои калони кафедраи забонњои хориљї иброз доштанд, ки тўли ду моњи соли тањсили 2011 – 2012 бо барно-маи АЙТЕК ба Њиндустон рафта буданд. Он љо тибќи барномаи рушди кори занон ширкат доштанд. То чї андоза за-нон ба соњибкорї машѓул мешаван-ду дар андак муд-дат ба комёбињо ноил мегарданд, мўљиби сафари онњо буд.Тарзи фаъол будани за-нон омўзонда шуд. Дар Донишгоњи НИСБАТи шањри Дењлии Нав бо њаёти њамтоёни хориљиашон ши-нос гардиданд. Чу-нонки муаллимањо гуфтанд, онњо њамчунин ба ди-гар донишкадаю корхонањои истењсолї низ рафта, бо усули омўзиши фанњо аз наздик ши-нос шуданд. Дар Донишгоњи менељменти Љайпур низ бо тарзу усулњои дарсгузарї ошно гарди-данд. Ба ќавли онњо боз њам хо-тирмонаш он буд, ки дањ мароти-ба ба Тољмањал ворид гардида, аз санъати меъмории олии ќарнњои

гузашта бархурдор гардидаанд. Мутахассис оид ба маркетинг,

сайёњї ва робита бо љомеаи шуъ-баи робитањои байналмилалии ДДТТ Давлат Ѓаффоров дар Донишгоњи «Љон Юнервисити» - и шањри Йорки Британияи Кабир

оид ба тањсилаш дар Лондон наќл намуд. Чунонки Давлат афзуд, ў ва се нафар њамкасби дигараш тўли се моњ бо намунањои тадрис, расму оини ин мардум бо дида-ни љойњои таърихї савияи до-ниш, љањонбинї ва забономўзии худро сайќал доданд. Мо - гуфт ў, - ифтихорманд аз онем, ки Иди миллии Наврўзро бо дўстони ан-глисамон ќайд намуда, ба онњо аз таърихи пайдоиши ин иди бостонї ва љашни он дар мамо-лики Шарќ ќисса намудем. Хусу-сан, бо либосњои миллии чакан

раќсидани гулдухтаронамон ба онњо писанд омад. Раќсу суруди тољикї, пешкаш кардани таомњои миллї, наќли таърихи ниёгонамон оид ба оини наврўзї ва монанди ин ба онњо писанд омад. Ба иттилои Бањриддин Ну-

риддинов соли 2004 донишгоњи мазкурро хатм кардааст. Соли 2011 њамчун ассистент, баъд му-аллими калони кафедраи марке-

тинги њамин донишгоњ фаъолият намудааст. Барои сайќал дода-ни мањорати худ ва гирифтани таљрибаи бой аз тарафи раёсати ДДТТ барои тањсил дар бахши магистратураи Донишгоњи коопе-ратсияи матлуботи шањри Сибир фиристода шудааст. Манучењр Исмонов хатмкар-

даи ихтисоси иќтисодиёти љањон ва магистри Донишгоњи Украи-на аст. Вай гуфт, солњое, ки дар хориља тањсил карда буд, дарсњо дар макотиби олии мамлакат чунпештара якнавохт мегузашт.

Дар хориља аз пешрафти тарзу усулњои машѓулиятњои замонавї дида истода орзу мекардам, ки дар љумњурии мо низ оё чунин мешуда бошад? Пас аз хатми мак-таби хориља ба Ватан омадам, дидам, ки дарсњо њама бо усулњои техникї, истифода бурдан аз тахтањои электронї ва монанди ин баргузор мегарданд.

Шарафљон Бобоев ДДТТро соли 2007 – ум хатм кардааст. Солњои 2009 – 2010 дар риштаи ма-гистратураи Донишгоњи Украина тањсил кардааст. Њоло муаллими калони кафедраи бањисобгирии бухгалтерї ва аудит кор мекунад. Устод дар хусуси шеваи таълим дар ин муассисаи таълимї ба њозирин ќисса кард. Њамкори ди-гари ў Абдуалим Њомидов гуфт, соли 2011 донишгоњро хатм на-муда, як сол дар кафедраи наза-рияи ихтисос ба њайси ассистент кор кард ва бо дастгирии Раёса-

ти ДДТТ соли 2012 аз рўйи ихтисоси иќтисодиёти љањон дар донишгоњи иќтисод ва савдои шањри Гоме-ли Љумњурии Белорус тањсил кардааст. Њоло бошад, дар кафедраи иќтисодиёти љањон ба њайси омўзгор фа-ъолият менамояд. Соли тањсили 2012 – 2013 дар ДДТТ 17 нафар донишљўёну магистрњо ба Донишгоњи матлубо-ти савдо ва иќтисодии шањри Гомели Бело-рус рафта буданд. Дар

баробари тањсил, ба чорабинињои варзишї, фарњанг ва илмии Донишгоњи Гомел ширкат вар-зиданд. Чорабинии шаби «Дўстии халќњо» низ хотирмон буд. Дар он намояндаи 14 мамлакат иштирок доштем. Боиси хушии мо, тољикон, буд, ки дар ин чорабинї консули Тољикистон дар Љумњурии Бе-лорус Анвар Ибодов ширкат ва суханронї намуд. Чизи дигари

хурсандиовар он буд, ки дар на-шрияи марказии вилояти Гомел маќолаи бандаро дар хусуси иди миллиамон - Наврўз ва таърихи љашнгирии он чоп намуданд. Бояд зикр кард, ки соли 2007

лоињаи муштараки Аврупої дар доираи барномаи ТЕМПУС – и Иттињодияи Аврупо оѓоз гарди-дааст. Шарикони ДДТТ бевосита аз Донишгоњи шањри Турини Ита-лия, Донишгоњи шањри Перуљаи Италия ва Донишгоњи Малта буд. Маќсади асосии ин лоиња боз њам инкишофи густариши ташкил ва идораи робитањои хориљии ДДТТ буд. Дар донишгоњ, дар чорчўбаи

созишномањо њамеша вохўрию мулоќот, суњбатњои судманд ва конфронсу семинарњои муш-тарак бо иштироки роњбарону кормандон, профессорону докторони илм ва устодони донишљўёни муассисањои олии кишварњои гуногун баргузор мегарданд. Соли 2011ташрифи ректорони Донишгоњи Зеланди-яи Нав, Донишгоњи «Ориё» - и Афѓонистон ва муовинони ректо-ри Донишгоњи Кемянги Кореяи Љанубї аз воќеањои муњими њаёти ДДТТ ба шумор меравад. Яке аз самтњои нави фаъо-

лияти хориљии донишгоњ дар солњои охир ба роњ мондани таљрибаомўзї ва коромўзии устодону донишљўён ва донишљўён дар хориљи кишвар аз њисоби маблаѓњои донишгоњ ва Иттифоќи Тољикматлубот аст. Масалан, моњи феврали соли 2012 курси дуњафтаинаи пешхизматњо дар Туркия созмон дода шуд, ки дар он 12 нафар донишљўйи тољик иштирок на-муда, мањорату малакаи хизма-трасонии мувофиќ ба меъёрњои муосирро омўхтанд. То ба имрўз дар ДДТТ бештар аз 100 нафар шањрвандони мамолики хориљї дар риштаи бакалавриатура, ма-гистратура, аспирантура тањсил карданд. Онњо коромўзон ва донишљўёни кишварњои ЉИЭ, Туркманистон, Ўзбекистон, Че-хия, Афѓонистон, ЉХХ буданд. Оид ба наќшањои ояндаи шуъ-

баи робитањои байналмилалии донишгоњ њаминро бояд гуфт, ки фаъолияти минбаъдаи шуъ-ба боз њам вусъат ёфта, ба сам-ти нав мебарояд ва мундариљаи асосии он бештар љалб намуда-ни донишљўёни хориљї ва дар баробари ин, иштироки фаъо-лонаи донишгоњ дар лоињањои байналмилалї бо маќсади баланд бардоштани сифати тањсилот мебошад. Шуъбаи робитањои байналмилалї кўшиш дорад, ки дар ин самтњо бештар бо зинањои гуногуни донишгоњњои марказї њамкорї намояд.

Њотами ЊОМИД,«Омўзгор»

Вусъати робитањои судманд

Ба гуфти муаррихон шахсе, ки нахустин бор дарахти ќањваро дарёфт ва асрори онро ошкор кард, чўпони араб будааст. Ў дар чарогоњ дар рафтори њайвонот муаммое-ро мушоњида мекунад. Бузу гўсфандоне,

ки меваю барги дарахти ќањваро истеъмол кардаанд, шабона ноором буданд, нис-бат ба дигар њайвонњо њушёру чолок ме-намуданд. Маълум аст, ки љузъи њушёру руњафзункунандаи дарахти ќањва алкалоид (кафеин) мебошад. Хуллас, калимаи алка-лоид аз забони арабї ба илми кимиё шо-мил гардид.

Агар ба таърихи ошкор ва дарёфт на-мудани алкалоидњо назар афканем, аён мегардад, ки нахустин алкалоид аз љониби муњаќќиќи дорушинос Сегэн соли 1804 дарёфт шудааст. Ин алкалоидро Сегэн аз рустании кўкнор људо карда гирифт, ки он начандон холис буд. Соли 1806 дорушинос Сертюран алкалоидро дар шакли холис људо намуд. Ў ба он Морфия (њоло беш-тар ваќт Морфин номида мешавад) ном гузошт. Калимаи Морфин маънои «Ху-дои хоб» (будпарастони Рими ќадим яке аз

бутњои худро Морфин меномиданд, ки ху-дои хоб дониста мешуд)-ро дорад. Бо зами-наи рушди илми кимиё аз соли 1804 то айни замон зиёда аз 10 њазор номгўй алкалоидњо дарёфт гардидааст. Як зумра алкалоидњо аз ќабили морфин, хинин, стрикнин, кофе-ин, атропин, кадеин, эфидрин, анабазин ва ѓайра моддањое мебошанд, ки чун маводи доруворї дар тиб истифода мешаванд. Баробари ин, рушди ин соња дар арсаи

байналмилалї мушкилоти дигар - на-шъамандиро ба миён овард. Нашъамандї вабои аср буда, гирифторони он на танњо саломатии худро аз даст медињанд, балки ба љомеа таъсири бад мерасонанд.Барои пешгирии нашъамандї, ки гириф-

торони он аксар љавонон мебошанд, оила, мактаб ва донишгоњ наќши асосї мебо-занд. Волидайн ба тарбияи фарзанд бояд диќќати љиддї дињанд. Мактаб метавонад

дар масъалаи аз худ намудани донишњо дар ин замина њиссагузорї намояд. Машѓулї доштан бо коре ва касбе низ

воситаи хуби тарбия ва даст кашидан аз корњои номатлуб аст. Ба аќидаи мо до-штани дониш оид ба хосиятњои кимиёвї ва биологии маводњои мухаддир низ ме-тавонад бемории нашъамандиро пешгирї намояд. Аммо, мутаассифона, агар китобњои марбут ба химияи мактабї ва макотиби олии љумњуриро аз назар гуза-ронем, мебинем, ки дар бораи хосиятњои химиявї ва биологии маводи мухаддир маълумоти кофї дода нашудааст. Надо-штани дониш дар ин мавзўъ метавонад љавононро ба гумроњї барад ва мубталои ин беморї гардонад.

Зумрат ЗАРИФОВА, донишљўй соли 3-юми факултаи

технологияи кимиёвї ва металлургияи Донишгоњи техникии Тољикистон, ба номи

академик М. С. Осимї

Кимиё ва маводи мухаддир

Ба гуфти муаррихон шахсе, ки нахустин

ккбнр(клм

мммдрнС

Page 12: Omuzgor #41 2013

№ 41, 11 октябри соли 201312 ОМЎЗГОР СИМО ИФТИХОР

СОЊИБЭЊТИРОМ

24 феврали соли 1926 хидмати 35 нафар кормандон ба муносибати иди яксолаи маориф ќадршиносї карда шуд.

- Зунуката бигир, ба ту гуф-та истодаам. Зунукатро мегирї ё не?. Асабама вайрон кардї… Афтат хушк шавад. Њама кўдакон хоб, ту бошї….Ва дањњо дашномњои ќабењ

аз дањонаш берун мешуд. Ба њоли кўдак дилам сўхту аз зани фаррош, ки хасу хошо-ки рўфтаашро ба партовгоњ бурданї буд, сабаби гиря кар-даи кўдакро пурсон шудам.Фаррошзан арз дошт, ки ин

духтарчаро дирўз ба ин боѓча оварданд. Кўдаки нав аст. Љои ноомўхтаро дида гиря мекунад. Аз ошёнаи дуюми боѓча са-

дои гиряи боалами духтарча ва садои гўшхароши муррабия њанўз меомад.Ба дарс даромадам, вале ба

гўшам садои муаллим намеда-ромад. Манзараи њузнангези чанд лањза пеш дидаам пеши рў меомаду дар дил он мураббии берањмро маломат мекардам.Наход ба љуз њаќорату даш-

ном дигар роњи ором намудани он кўдак набошад. Бо сухани нарм, њатто, морро аз хонааш берун баровардан мумкин.

Орзуи њуќуќшинос шудан доштам, вале он лањза тарки ин орзу кардам. Дар дил ќавл додам, ки баъди хатми мактаб њатман муррабия мешавам. Њамин тавр, њамин ки номаи

камол гирифтам, љониби факул-таи педагогика ва психологияи Донишгоњи омўзгории ба номи С.Айнї роњ пеш гирифтам ва соњиб гаштам ба номи пурша-рафи донишљў. Чун тањсилам ѓоибона буд, ба фаъолият оѓоз

намудам.Муддате, аниќтараш аз соли

1996 то соли 2007 ба њайси му-аллимаи синфњои ибтидої дар яке аз мактабњои тањсилоти умумии ноњия фаъолият наму-дам.Соли 2007 ба боѓчаи №95 ба

даргоње, ки кор карданро орзў менамудам, ба кор омадам. Аз рўзи аввал мењр бастам

ба кўдакон, дўсташон доштам ва яќин кардам, ки бе онњо, ба олами рангину пурасрори онњо коре карда наметавонам. Чун таљрибаам кофї набуд, ѓоибона омўхтам, аз мактаби бузурги мураббияњои соњибтаљриба Шарофат-апа Каримовна ва Валентина Фёдоровна. Кўдакистон, воќеан, олами

афсонаро мемонад. Бояд ин макон шўхию хандањои беѓаш, макони суруду мусиќї, макони афсонањо, рангњо ќиссањо ва бозињо бошад.Дар ин макон оне мушарраф

ва сарбаланд мегардад, ки да-сту дили пок, мењру муњаббати бењад, донишу малакаи закї ва пеш аз њама мањорати эљодкорї

дошта бошад.Хушбахтона, дар ин даргоњи

умеду нур чанд сол аст, ки фаъо-лият дораму аз шўхию наѓмањо аз хандањову гиряњои ширини кўдакон ба худ ќувва ва лаззат мегирам.Айни замон дар ширхоргоњ

кўдакистони №112-и ноњияи Сино тањти сарварии ѓамхоронаи зани боиффату чашмикордон, ѓамхору дилсўзи кўдакон Гулрў Муњиддинова

бо љамъи њамкоронам мењнати пурмањсул дорам. Њарон чизе, ки намедонем, аз њамдигар пур-сон мешавему дар лањзаи зарурї якдигарро ёварї менамоем.Сарвари боѓча Гулрў Те-

муровна, ки зани мењнатдўсту чашмикордон аст, бањри бењбудии кори соња, шарои-ти дурусти таълиму тарбия ва таъмини кадрњои болаёќат дар боѓча пайваста талош меварзад. Дар таълими кадрњои тахассусї дар љалби онњо ба донишгоњу донишкадањо низ сањми ин бо-

нуи њунар беназир аст.Айни њол дар боѓчаи мо,

ки аз соли 1970 бо ѓунљоиши лоињавї барои 230 кўдак фаъо-лият намуда истодааст, 12 гурўњ амал менамояд. Мураббияњои соњибтаљриба ва кадрњои љавон Рўзиева Љамила, Ниёзова Гулчењра, Рањмонова Сайёра, Нозимова Латофат, Љайлобова Светлана, Шарипова Моњира, Мирзоева Гулчењра ва дигарон бо дасту дили гарм, муоми-

лаи нарм дар хизмати кўдакон ќарор доранд.Тањти сарварии сарвари

боѓча ва мушовири ў Фоти-ма Соњибназарова зуд-зуд машваратњо доир карда меша-вад, ки он дар баланд гардида-ни мањорати баланди касбї ва баланд бардоштани сатњи до-ниши назариявии мураббиёни боѓча наќши муассир мебозад.Дар гузашта соњаи маориф

яке аз соњањои муњим мањсуб меёфту имрўз њам аз тарафи давлату њукумат ин соња мав-риди ѓамхорї ва дастгирии њамаљониба ќарор дорад. Мах-сусан президенти мамлакат нис-бати муассисањои томактабї, шароити дурусти он дар акса-ри суњбату вохўрињояшон ин нуктаро махсусан ќайд намуда, таъкид мекунанд, ки кўдак дар боѓча ба тарбия ва таълими ду-руст фарогир бошад, ояндаи он кўдак дурахшон мегардад.Дар нињоди онњо бедор наму-

дани њисси баланди ватандўстї, хештаншиносї, мењнатдўстї, арљ гузоштани ганљинањои арзишманди миллат, дўст до-

штани китоб, эњтироми калон-солон мањз ва ѓайра дар боѓча њувайдо мегардадТибќи ќарори Њукумати

Љумњурии Тољикистон ќабул гардидани «Низомномаи наму-навии муассисањои тањсилоти томактабї», «Барномаи давла-тии рушди соњаи томактабї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2012-2016» ва бо ибти-кори бевоситаи Вазорати мао-рифи љумњурї тањия гардидани дастурњои таълимию методї мо, кормандони боѓчаро водор менамояд, ки аз ин манбањои тарбиявї босамар дар кори њаррўзаамон истифода намое-му љавобан ба ин ѓамхорињои давлату њукумат дар тарбияи дурусти насли имрўз, ки пой-девори фардои миллат мањсуб меёбад, њиссагузор бошем.

Махсусан, ба ман ва љамъи њамкоронам барномаи таъли-миву тарбиявї бо забони тољикї –«Рангинкамон»,ки соли 2011 бо ќарори мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон ба тавсиб расида, пешкаши кулли муассисањои томактабї гардид, хеле хуш омад. Аз рўи ин барнома мо наќша тартиб дода машѓулиятњои шавќовару ба завќи кўдак писандро тањия менамоем, ки кори мо мураб-биёнро осон мегардонад. Ху-лоса, имрўз дар муассисањои томактабї тамоми мавод мављуд аст, танњо завќ, малака ва мењру муњаббат нисбат ба атфол, нисбат ба фариштањои бемисл бояд дар замири њар як мураббї арзонї бошад, вагар-на тир њељ гоњ ба њадаф нахоњад расид.

Гулдаста ИСОЕВА, мураббияи ширхоргоњ -

кўдакистони №112, шањри Душанбе

Аз касби хеш сарфарозам

Чї ќадар азму талош мебояд,то инсон донаи умеди хешро бе газанд бичинад. Омўзгори асил онест, ки барои соњибмаърифат гардидани толибилмон малакаву истеъдоди аќлонии хешро дареѓ намедорад. Њасан Раззоќов аз зумраи омўзгорони соњибтаљрибаву худ-фидоест, ки зиёда аз 50 соли фаъолияти хешро сарфи таълиму тарби-яи шогирдон кардааст. Фаъолияти омўзгории Њасан Раззоќов аз муаллимї дар синфњои ибтидоии мактаби тањсилоти миёнаи раќами 2-и ноњияи Муъминобод оѓоз ёф-таст. Дониши баланд, муњаббат ба касби интихобкардааш дар як муддати кўтоњ ўро дар байни омўзгорону шогирдон соњибэњтиром гардо-нид. Барои омўзгори хуб шудан, пеш аз њама, истеъдоди дарк кар-да тавонистани њолати руњии њар як мактаббача зарур аст, дар ин њолат метавон ба муваффаќият ноил гашт.

- Дар як синф тахминан 20-30 хонанда тањсил мекунад ва њар яки онњо аз оилањои гуногун ва до-рои хислатњои гуногун мебошанд, - мегўяд устод Њасан Раззоќов… - Муаллим шахсест, ки мактабба-ча дар симои ў бояд идеали худро бинад. Яъне, муаллим њам сира-

тан ва њам суратан бояд озодаву соњибмаърифату донишманд бо-шад, ки ба њар як суоли хонанда љавоб гуфта тавонад. Бале, имрўз бо сиёсати оќилонаи Сарвари дав-лати тољикон Эмомалї Рањмон ба

рушди соњаи маориф диќќати њамаљониба дода мешавад. Ин аст, ки њоло садњо шогир-дони мактабњои ноњияи дурдаст, аз љумла Муъ-минобод дар озмуну олимпиадањои вилоя-тиву љумњуриявї ва байналмиллалї шир-кат варзида, обрўи на фаќат ноњия, балки Тољикистонро баланд мебардоранд. Меса-зад ифтихор кард бо Њасан Раззоќов ба-

рин омўзгороне, ки умре ба сони боѓбони гулдаст шогирдони зиё-дро дар боѓистони, зиндагї илму мањорат омўзонданд ва онњо бањри ободии Тољикистони азиз наќши муносиб гузошта истодаанд.Дар баробари омўзгори

бењтарин будан Њасан Раззоќов падари мењрубону дилогоњ ме-бошад. Фарзандонаш тарби-яи баланди хештаншиносиву ватандўстї гирифтаанду имрўз њар яке дар соњањои гуногуни љомеа пайи хидмати халќу Ватан мебошанд.

Садбарг БОЌИЕВА,рўзноманигор

Боѓбони дунёи маърифат

Садриддин Файзиев баъди хатми мактаби миё-наи раќами 9-и дењаи Да-лёни ноњияи Ѓончї соли 1981 ба Донишгоњи дав-латии тиббии Тољикистон ба Сино, ба равияи эњёшиносї дохил гардид. Шавќу дилбастагие, ки ба илми тиб дошт, торафт меафзуд. Он чиро меанде-шид, ба даст овард, аъмоли эњёшиносиро, ки бештар

ба эъљоз шабоњате дорад, интихоб кард. Ў соли 1987 донишгоњро хатм намуда, њамчун табиби эњёшинос дар беморхонаи вилоятї оѓози фаъолият намуд. Аз соли 1988 то инљониб

сардухтури беморхонаи ноњиявии раќами 5 дењаи Далён мебошад. Азбаски дар дења мута-

хассисони соњаи тиб на-мерасиданд, фарди некси-ришт соли 2007 дар назди беморхона аз њисоби хо-нандагони болаёќат курси ройгони тайёрї барои до-хил шудан ба Донишгоњи давлатии тиббї кушод. Шумораи хонандаго-ни соли аввал чор нафар

буда, то њол 228 нафар ба Донишгоњи тиббии ба номи Сино дохил шуданд. Се нафар шогирдонаш аллакай касби духтуриро соњиб гашта, дар хидмати халќанд. Шогирдонаш на

фаќат аз ноњияи Ѓончї, балки аз ноњияњои Ис-таравшан, Зафаробод, Шањристон, шањри Хуљанд ва ѓайра мебошанд. Барои хизматњои не-

каш мавсуф соњиби нишо-ни «Аълочии тандурустии Љумњурии Тољикистон» гар-дидааст.

Њ.МУЊАММАДИЕВА, мушовири шуъбаи

маорифи ноњияи Ѓончї

НАКЎКОРЇ

Табиб ва омўзгор

Раиси вилояти Суѓд Ќоњир Расулзода зимни сафар ба шањри Исфара нахуст бо љараёни сохтмони бинои мактаби нав дар дењаи Лангари љамоати дењоти Чоркўњ ши-нос шуд. Тавре зикр гардид, то имрўз дар ин дења мактаби алоњида мављуд набуд ва хонандагон бо тай намудани ќариб 3 ки-лометр роњ дар мактаби № 27-и љамаоти Чоркўњ тањсил менамуданд. Бинои сео-шёнаи мактаби нав бо маблаѓгузории маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят (дар њаљми 2 миллиону 600 њазор сомонї) бунёд гардида, аз 12 синфхонаи барњаво иборат аст. Айни њол корњои асо-

сии сохтмон ба анљом расида, корњои обо-донии атроф ва шинонидани нињолњои ороишї идома дорад. Мавриди зикр аст, ки дар љамоати

дењоти Чоркўњи шањри Исфара сохтмони варзишгоњ бо фарогирии 5 њазор љои ни-шаст ва толорњои варзишї дар шафати онњо идома дорад. Ин варзишгоњ дар масоњати 1,23 гектар бунёд гардида, толорњои варзи-шии он барои машќ дар намудњои гўштин, бокс, вазнбардорї ва ѓайра махсус гардо-нида мешаванд.

НуъмонРАЉАБЗОДА

ОБОДКОРЇ

Мактаби нав бунёд мешавад

Page 13: Omuzgor #41 2013

№ 41, 11 октябри соли 2013 13ОМЎЗГОР ТАЌРИЗ

КИТОБИ НАВ

КИТОБИЁТ

Солњои хониши 1925-26 ќариб 2%, 1927-1928- 5,6% ва 1928-1929 -21,3%-и кўдакон ба таълим фаро гирифта шуданд

Шоир ба хонанда, ки як нафар фарди љомеа аст, мурољиат мекунад: - «Душ-мани ту кист?» ва худ љавоб медињад: - Њамватан.Ба ќавли Камол Насрулло:Бас дигар душман маљў, душман маљў,Хайрхоњи мењани худ бош, бас.Дигаронро дўст дору дўст бош,Душмани худ, душмани худ бош бас.Шоир ѓояи ватанхоњї ва инсондўстиро

тарѓиб карда, хаёлан ба сари воќеањои ху-нини асрњои XIII – XIV меравад, дарёњои хун ва аз каллаи одам манорњо сохтани Темурро ба ёд меорад ва хулоса меба-рорад: Душман душман аст, вай оламро сўхтану мардумро куштанаш лозим аст.

Аммо мо њамчун мардуми ориёинажод ва фарњангофар набояд сарамонро хам мекар-дем, то душман аз сарамон калламанорњо созад. Ин айби сустии худи мост, ки дар таърих ба он роњ додаем. Шоири халќии Тољикистон Камол На-

срулло шоирест, ки хонанда шеърашро хонда, бемуњобо чунин бањо медињад: «Камол Насрулло барњаќ ба камоли њунари сухангустарї расидааст. Шеъри ў бо мазмуни баланди ватанхоњї баланд садо медињад, чунки аз муњаббати Ватан саршор аст. Муњаррири китоби «Рў ба мењроби Ватан» - и Камол Насрулло на-виштааст: - «Шоири ватандўст боз њам ба мавзўи ватандўстиву муњаббати балан-ди инсонї содиќ мондааст. Аммо сухани шоири соњибзавќ дар ин мавзўи куњан то-загиву таровати хоса дошта, бо даќиќии баён њадафњои шоиста ва эњсосоти балан-ди шоирона олами андешањои ўро љилову намои тоза бахшидааст». Аз нигоњи пурмаънои Камол Насрулло

Ватан љоест, ки агар номашро ба забон ги-ред, анљумани суханварон чаман – чаман гул мекунад ва мешукуфад.Камол Насрулло Ватанро бо муњаббат

ситоиш мекунад ва барњаќ ќайд мекунад, ки ту кишвари мардони хуљастаї. Мардо-ни озодаву хуљастаи ту ба љањониён кало-му салому паём фиристодаанд. Кадоме ки хазинањои маданияти дањр аз он пур аст. Эй Ватани баљон баробарам, ту Ватани дирўза ва тасодуфї нестї. Дар сањнаи таъ-рих озоди зодї мењани фазлу њунар, тамад-дунофар ва макони озодагон њастї. Шоир ѓояи баланди ватанхоњиро тарѓиб карда, хоњони ин аст, ки хонанда аз таърихи пу-рифтихори Ватан огоњ бошад ва Ватанро ба љон баробар дўст дорад ва лозим ояд барои Ватан љон фидо кунад.

Х. МУЊАММАДЗОД,устоди Коллељи омўзгории

шањри Панљакент

АНДЕША

Афкори муќаддас

Шоир ба хонанда ки як нафар фарди

Дар соњаи педагогика солњои охир ра-вия ва самти навини илмї - педагогикаи ибтикорї (инноватсионї) нуфузи беш-тар пайдо кардааст. Ин соњаи илмест, ки фановарии навини омўзиш, равандњои рушди мактаб ва таљрибањои тозаи илми педагогика ва маорифро меомўзад. Педа-гогикаи ибтикорї равияе мебошад, ки ба бењтарсозии соњаи тарбият ва омўзиши донишомўзон рањнамун шудааст. Он маънои ба маќсад, услуб, навъи таълиму тарбият, тарзи созмондињии фаъолияти муштараки муаллим ва донишомўз во-ридсозии дигаргуниро дар назар дорад. Ибтикор дар таълим, њамчун воридсо-

зии падидаи нав, табдилдињї, такмил ва бењтарсозии вазъи мављуд дониста шуда-аст. Ибтикор дар муддати кўтоњ метаво-над моликияти аксарият, ќонунї, таљрибаи ќобили ќабули умум гардад, ё аз байн бира-вад ва ё минбаъд боздорандаи рушд гардад. Аз ин рў, омўзгорро лозим аст, ки ба таври мунтазам аз навгонињои илми педагогика ва маориф бохабар гардида, фаъолиятњои ибтикориро амалї намояд. Дар китоб мафњуми педагогикаи

ибтикорї, масоили методологї ва на-зарии он, омилњо ва сабабњои руш-ду аќибафтодагї, мавзўъ, њадафњо ва заминањои бунёдии педагогикаи ибтикорї, ибтикоршиносї, проблемањои омўзиш ва дарки навоварињои педагогї, марњилањои фаъолияти педагогикаи ибтикорї, масъала ва њалли масъала дар педагогикаи ибтикорї мавриди баррасї ќарор гирифтааст. Яке аз самтњо ва равияњои навин дар

педагогикаи ибтикорї ма-соили ёдгирии электронї мебошад ва бо таваљљуњ ба ин дар фасли савуми китоб масъалањои методологї ва назарии омўзиши суннатї бо ёдгирии элетроникї дар донишгоњњо, омўзиши электронї, стандартњои миллии омўзиши электронї, донишгоњи маљозї ва ѓайра дар иртибот бо мавзўъ мав-риди бањрабардорї ќарор гирифтааст.Муаллифони китоб

ишора бар он доранд, ки ибтикоршиносї (иннова-тика) њамчун соњаи байни-фаннии тадќиќ дар њамбастагии фанњои фалсафа, равоншиносї, љомеашиносї, назарияи мудирият, иќтисодиёт ва фарњангшиносї ташаккул ёфтааст.

Бо ишораи академик Лутфуллоев М. «Ибтикорот ба њамагуна тањсилот хос буда, таљассуми ќонуният ва хусусияти педагогикаи башарї мебошад». Ба на-зари муаллифон, аз ибтидои асри XXI ибтикоршиносї дар тањсилот њамчун соњаи нави донишњои илмї-педагогї, ки фановарии нав, равандњои рушди мактаб, таљрибаи нави ба роњ мондани тањсилотро меомўзанд, ташаккул ёфт. Имрўз педаго-гикаи ибтикоротї як соњаи мустаќили илм аст. Мушоњидањои мо нишон медињанд, ки

бо вуљуди ин, имрўз гуфта наметавонем, ки ибтикороти педагогї њамчун илм пур-ра ташаккул ёфтааст. Ибтикоршиносї њоло яке аз соњањои љавонтарини педаго-

гика мебошад. Он дар зи-наи муайянсозии маљмўи истењсолот, ќонуниятњо, ташаккули усулњо ва ди-гар вижагињои илмии худ ќарор дорад. Бунёди иб-тикоротшиносии педагогї низ њанўз њам мавриди пажўњиш ќарор нагириф-тааст. Лозим ба ёдова-рист, ки танњо солњои охир дар Россия ва чанде аз кишварњои дигар ба ин масъала таваљљуњ на-мудаанд, ки бештари назарияњо, методология ва таљрибањои ин кишварњо бо сабаби наздик будан ба

аќида ва бардоштњои муаллифин дар ин китоб мавриди бањрабардорї ва истифо-да ќарор гирифтааст.Дар ин росто таљрибаи фаъолиятњои

муассисањои омўзишии вилояти мухтори Кўњистони Бадахшон омўзанда ва му-фид аст, ки дар ин китоб бештар маври-ди истифода ва омўзиш ќарор гирифта-аст. Њамчунин, дар иртибот бо омўзиши электронї ба унвони яке аз самтњои ибтикоротї таљрибаи муассисањои омўзишии Эрон дар муќоиса бо Тољикистон ва Русия мавриди таваљљуњ ќарор гирифтааст. Китоби мазкур барои олимон,

муњаќќиќон, мутахассисони соњаи таъли-му тарбият, донишљўён вобаста пешнињод гардидааст.

Абдусалом МИРАЛИЕВ,доктори илмњои педагогї, профессор

Омўзгор аз навгонињо бояд бохабар бошад

Иллати заъфи рўњонии инсонњо аслан дар он аст, ки ќазоватњо ва назарњо дар заминаи њодисањои воќеии зиндагї ва ё андешањои тахаюлбарангези наздик ба чунин њаводис кам андар кам дар ада-биёти бадеии кунунї инъикос ёфтааст. Аќидаи сањењтар рољеъ ба мавзуи мазкур ин аст, ки масъалаи ироашуда мавзўи њаётан муњим аст. Аммо дар солњои охир таваљљуњ бар он коста шуд, њатто баъзан аз ёдњо зудуда гардид. Хушбахтона, тавассути ќиссаи «Са-

дое аз хилват» нависанда Умар Сафар бо ифодањои файласуфона ва андешаю ташхисњои равонї хонандаро мутмаин месозад, ки аз хаймаи сукут берун шавад. Бо аќидаву тафаккури созанда хештанро «аз занљиру банди зиндони ин кохи сукут рањо» созад. Нависанда бо диди тоза аз њаёти воќеї, муњити њастї масъалаеро ба мушоњида гузошта аст. Дар ин иртибот аз муќаддимаи ќиссаи

мазбур чакидаеро аз гуфтори шоири таво-но ва ширинкалом Фарзона ёдрас меша-вем:

«… «Садое аз хилват» фарњангномаи чандин мафоњимест, ки мо бо онњо аз назари суварї бархўрд мекардем ва бо дарки нињонпаймо ба љавњарашон дар намекушудем: дарвоза, мањтоб, чароѓ, гањвора, лўхтак, сарбанд, чаѓдег, барг, да-рахт, љорўб, мењрубонї, шаб, барф, гирд-бод, садо, сукут ва ѓайра. Њатто вожањои гўсфанд, гўсола, гов, ќассоб аз зарфияти луѓавии худ хориљ шудаву рамзкушои нињонтарин асрори њастї гардидаанд. Асар таљаммуи њамин санбулњои зебост, ки тинати инсонро оинадорї мекунанд ва њар лањза чун омўзгори нонамо моро да-стури њаёту муждаи наљот мебахшанд…»

Омўзгори асил ва соњибтаљриба аз муњтавои ин ќисса метавонад моду-ли дарсии љанбаи тарбиявї дошта тањия намояд ва хо-нандаро ба мушоњидањо ва эњсосу дарки воќеият њидоят намояд. Шарњи фарзияи боло ин аст, ки аз сукут берун љастан ва не-руи андешаву сухан гуф-тан ба хотири њифзи ному ќурби хештан туњфаи Ху-довандист. Ва Инсон дар мавридњои зарурї њатман бояд аз он васеъ истифода намояд, барои нангу номус, манзалат ва шаъну шарафи худ. Ќиссаи «Садое аз хилват» бо банду ба-

сти мавзун хонандаи бедордилу закиро ба сўи камоли арзишњои инсонї аз назари маънавї рањнамун месозад. Ва чунон ки ањли маърифат фармудаанд, «Рўњи инсон дар домани љисми ў зоида мешавад, та-комул меёбад ва ба истиќлол мерасад», яъне, рўњ он гоњ ба истиќлол мерасад, ки инсон мудом пайи дарёфти дурри маънї эњтимом намояд. Муњимтарин василаи ба истиќлоли рўњ расидан фањми муњтавою мазмуни чунин ќиссањо ва осори дигари гаронмоя аст.Ќиссаи мазбур аз ибтидо то интињо

саршор аз љанбањои тарбиявию ахлоќист, ки љомеа дар њар давру замон ниёзманди чунин таъбирот аст. Мисоли барљастаи ин нуќта андешаи ќањрамони асар Моњруст, ки баъди мољаро ва аз шавњар талоќ ёф-тан ба назди падару модари хеш бозпас меояд:

«…Дар зењнам намеѓунљид. Кї гуф-та, ки модар аз фарзанди хеш узрхоњї

кунад. Дар хонаводае, ки ман бузург шуда будам, дар пешонии низоми ахлоќияш эњтироми падару модар бо зароб њаккокї шуда буд, вале эњсос менамудам, ки худро дар ин издивољи бадфарљом гунањгор мењисобад, њарчанд ў гуноње надошт…». Ќисса дар мабнои андарзњои ќобили ќабули зењн, ки аз воќеияти зиндагї маншаъ мегиранд, эљод шудааст. Устод Умар Сафар, ки худ

тањќиќгари забону адабиёти тољик дар њалќаи илмии фор-сизабонон эътироф шудааст,

ба сабку услуби нигориши сухан ва тас-нифбандии андеша таваљљуњи хоса зоњир карда, њунари нависандагии хешро ба на-моиш гузоштааст. Ва ба аќидаи инљониб дар ин љода комёб шудааст.Њангоми мутолиаи ќиссаи «Садое аз

хилват» хонандаро зарур аст, ки сари њар таъбир ва калимоту иборањо тафаккур намояд. Ин аст ќудрати офарандагї, ки моро ба сайри маънї мутаваљљењ месозад. Яъне, инсон бояд будан, сарфи назар

аз миллату нажод ва дину мазњаб! Ва ин ќисса, метавон гуфт аз умќи њамин аќидаи малакутї пайдо шудааст… Аз ин нуќтаи назар, афкори адабї,

фалсафї, педагогї ва равоншиносии нави-санда, ки дар заминаи арзишњо ва ормонњои миллї матрањ шудаанд, ќобили омўзишанд, то тавонем њангоми тарбияву таълими фар-зандони хеш аз он истифода намоем.

Мењриддин ЃИЁСИЕВ, мудири кафедраи психология,

педагогика ва методикаитаълими ДЉТИБКСМ

«Садое аз хилват» - ќиссаи андеша

Page 14: Omuzgor #41 2013

№ 41, 11 октябри соли 201314 ОМЎЗГОР РАНГОРАНГ

Солњои тањсили 1925-1926 дар 63 мактаби мањви бесаводї - 1450, 1928-1929 - 84000 нафар калонсолон савод меомўхтанд.

(Давом аз шумораи гузашта)Солњои 80-ум ба курси так-

мили ихтисоси муаллимони за-бон ва адабиёти тољик рафта, як моњ дар шањри Хуљанд тањсили илм кардем. Рўзе бари соњили рўди Сайњун нишаста, таронае-ро бо номи «Дарё ва шоир» ба ќалам додам, ки оид ба рўзгори шоири мумтоз Камоли Хуљандї буд. Аз ростї, ки тарона ба ху-дам хеле писанд омад. Субњи дигар онро бори дигар хондаву тањлилу тањрир ва сафеднавис карда, ба идораи рўзномаи ви-лоятии «Њаќиќати Ленинобод» (њоло «Њаќиќати Суѓд») овардам. Мудири шуъбаи адабї таронаро хонда, чанде ба андеша рафт ва нињоят гуфт:

-Ба назарам, ин маънї ё чунин мавзўъро устод Рањим Љалил на-вишта буданд. Ман бо тааљљуб ба ходими

адабии рўзнома рў оварда андаке шўридам:

-Чї хел? Охир, ин тарона њамин шаб эљод шуд. Шумо маро меранљонед.

-Ба њар њол, бародари азиз, мо ин таронаро чоп карда наметаво-нем.

-Чоп њам мекунед ё ин ки чоп хоњанд кард! - аз сари љавонї сахт гуфтаму бадар рафтам.

Ба њузури устод Рањим Љалил раиси Иттифоќи нависандагони вилояти Ленинобод шитоб кар-дам. Пеш аз он ки ба дафтари ко-риашон дароям, котиба, ки хеш-ро Муаттар муаррифї карда буд, таъкидан гуфт:

-Устод андаке бемор њастанду...Ман бо ишораи сар

«фањмидам» гуён ба њузури Нави-сандаи Халќии Тољикистон, до-рандаи љоизањои љумњурї ва аъ-зои Њукумат устод Рањим Љалил дохил шудам. Устод хеле хомўш ва бемориашон низ маълум буд. Њуљраи кории хоксоронаи пур аз китобу рўзномаву маљаллањо сариштаву љобаљо буданд. Эшон бо ишораи «чї матлаб дорї?» сарашонро такон доданд. Ман дарзамон љуръат карда, мухтасар устодро аз воќеа огоњ кардам.

-Хонед! - гуфтанд устод.Ман таронаро, ки њамагї ду

ё дуним сањифаи дастнавис буд, хондам. Пас аз хонда шудан ба дањони устод нигариста интизор шудам. Ногоњ устод, гўё ки аз роњаткурсї мехеста бошанд, ан-даке шўрида пурсиданд:

-Кадом саггазида гуфт, ки ин моли Рањим Љалил аст?!Рости гап ки лањзае њаросида,

сипас «њар чи бодобод!»-гўён арз кардам:

-Ман бори аввал аст, ки ба идо-раи рўзномаи вилоятї меоям ва номи ходими адабии рўзномаро низ напурсидаам.Устод гўшаки телефонро

бардошта, раќам чида, бе ягон муќаддима амр карданд:

-Љавоне таронаи љолибе овар-дааст бо номи «Дарё ва шоир». Њамонро дар рўзнома чоп кунед! - устод бо њамин љумлаи кўтоњ сўњбатро ќатъ карданду пурси-данд:

-Ному насабатон...-Облоќулов Давлатшоњ

Тоњирович.-Аъ? Ќул-ќул?! Шумо ади-

би љавон, вале умедбахш мена-моед. Акнун дар майдони адаб «Облоќулов»-ашро партофта, бо номи худу бобоятон «Давлатшоњи Тоњирї» љавлон бизанед.

-Ин нукта фотењаи шумо аст?Устод табассум карданд ва

ба назарам тўли чандин моњњои беморї бори аввал бошад, ки хушњол шуда буданду бо аломати «бале» сар љунбонданд. Ин буд вохурии нахустини ман бо устод Рањим «Љалил.Он лањза аз њузури устод

баромада, ба Муаттар низ ташаккургўён ба сўи идораи рўзномаи вилоятї роњ пеш ги-рифтам. Хеле хушњол будам ва ба худам ифтихоромез мегуфтам, ки ба њар њол вилоят вилоят аст! Муњити адабї дораду шароити мусоид фароњам аст.Пеши дари ќабулгоњи

муњаррири рўзнома, бонуе гўё интизори касе бошад, меистод. Ман салом дода, гузаштанй бу-дам, ки бо эњтирому одоби хоса, пурсид:

-Маъзарат мехоњам. Шумо он адиби љавоне, ки аз њузури устод Рањим Чалил меоед?

-Бале.-Хоњиш мекунам, ки ба назди

муњаррири рўзнома дароед.Ман ба њуљраи муњаррир до-

хил шудам, ки он љо ду-се нафар ходимони рўзнома, аз љумла му-дири шўъбаи адабї, ки маро ба назди устод Рањим Љалил рафтан сабабгор шуда буд, нишастаанд.

-Асарро овардед? - пас аз са-лому алейк пурсид муњаррир, ки марди миёнсоли хеле нуронї ва хушодоб буд.Ман таронаро ба муњаррир да-

роз кардам. Сардабир таронаро хонда, чењрааш боз њам кушодаву дар лаб табассум афзуд:

-Офарин! Охир, ин тарона не, асари муњташамест, ки бо насри мусаљљаъ навишта шудааст! Та-шаккур. Боз њам навишта истед, Давлатшоњ! Шумо,-ба ходими ада-би рў овард муњаррир, -ин маводи асилро бигиреду дар њамин шумо-ра, илољаш бошад, дар сањифаи ав-вал љой дињед. Зуд бошед. Њама аз паи кор!.. Беруни дар ходими адабї маро

пурсид:-Давлатшоњ! Шумо ба устод

Рањим Љалил номи маро гуфтед ё?..

-Дилпур бошед. Ман хислати аз њамќаламон шиква карданро надорам. Вай хеле шод шуд ва мо то

имрўз робитаи дўстиву њамкорї дорем. Танњо ин аст, ки ному насаби ходими адабиву дигар кормандони рўзномаро аз барои эњтиром ёдовар нашудам. Чун љое, ки кор њаст, бекамбудї на-мешавад… Рўзи дигар тарона чоп шуду

ман аз он илњом гирифта як њикояи таърихї таълиф кардам. Сонитар, ваќте ки ин њикоя ба дасти муњтарам Отахон Сай-фуллоев мерасад, эшон онро аз њисоби Иттифоќи нависанда-гони вилоят ба шакли китобча, дар теъдоди њазор нусха аз чоп бароварданд. Минбаъд њам борњо бо устод

Рањим Љалил вохўрда, дар суњбату мањфилњо аз эшон як љањон маъниву маънавият ва таассуротњои судбахши адабї ги-рифтам. Яке аз њикояњои таъри-хии маро, ки «Оташи Суѓдиёна» ном дошту ба воќеањои шўрангез ва муборизаву талошњои фидоко-ронаи суѓдиён алайњи аљнабиёни ѓоратгари маѓрибї, ба хусус

бо Искандари Маќдунї робита дошт, хонда, бањои хуб дода бу-данд. Дере нагузашта онро дар њафтаномаи «Адабиёт ва санъат» чоп кунонда, дар яке аз мањфилњо ишора ба муаррифї њам карда буданд, вале ин вохурї, дидор-бинии охирин будааст, ки бо мо ин тавр мењрубону ѓамхору азиз мулоќот доштанд. Ёдашон ба хайру равонашон шод бод!Хушбахт аз онам, ки ман

аз устодон бањраёб шуда, аз маслињату пешнињод ва аз нозукињои олами адаб хабардор шудаву то имрўз мувофиќи онњо кор ва фаъолият мебарам. Њоло аз ёдам нарафта, ки боре устод аз ман пурсида буданд:

- Минбаъд чї ниятњо доред?- Ният дорам, ки ба

Душанбешањр раваму он љо кору фаъолиятамро боз њам густарда-тар кунам.

- Шароити молиявиатон хуб аст?

- На. Њавличае дорам, ки онро фурўхта, аз Душанбе манзил ги-рифтаниам.Устод абрўвонашонро чин

намуда, гуё аз ман ранљида бо-шанд, сўи тиреза нигоњкунон ѓурриданд:

- Дар он љо чї гум кардаед? Ё чї мекобед? Шумо адиб њастед. Барои адиб аз зодгоњ, аз Панљакент дида љои бењтарин нест. Макони устод Абўабдуллоњи Рўдакї зодгоњи адибону бузургон… Нињоят, чароѓи хонаи падарро хомўш кар-дан чї маънї дорад? Бинависёд, хонед, пайваста кор кунед. Рўзе ме-расад, ки осори шумо ба дасти хо-нандагон хоњанд расид. Бале. Дар дег бошад, ба кафлес њам мебаро-яд. Мунтазам бо њамин роњу рой ва маќсаду маром зиндагї кунед. Бо њамин андеша зистан, кор кар-дан њатман шуморо ба баландињо хоњад расонид. Барои шўњрат, ба-рои ном не, танњо барои мардум ва барои худ адиб бошед, хушбахт хоњед шуд! Устод офтобро монад. Агар

офтоб нест, њаёт тира гардад, љањолат рушд ёбаду бадињо аф-зоянд ва зиндагї касиф гардад. Бандањои Худо дар азоб монанд. Ваќте ки устоди хирад дарси ахлоќу одоби њамида мегўяд, аз дастуру осори илмиву адабии ў бањраёб мегарданд, дар ќалби одамон нур пайдо мешавад ва зиндагї рўшану осон мегардад. Дар ин љода њазрати Муњамад (с) оќилона фармудаанд: «Осмонњову заминњо ва фариштагон шабу рўз бар се даста талаби омурзиш ку-нанд: олимон, толибони илм ва саховатмандон».Бале. Тарбиятгарони кулли ба-

шар хуршеди маънавии инсонњо устоду муаллим асту бас. Пас, манбаи дониши мо, маншаи хо-ниши мо, мањаки омўзишу зин-дагии дурахшони мо устодон њастанд. Чї хуш, ки Мавлавии бузург

орифона фармуда: Мурда будам, зинда шудам, Гиря будам, ханда шудам.Давлати ишќ омаду ман. Давлати поянда шудам!

Давлатшоњи ТОЊИРЇ,узви Иттифоки нависандагони

Тољикистон, устоди калониДонишкадаи омўзгории Тољикистон дар шањри

Панљакент

ЁДНОМА АНЉУМАН

КОНФРОНС

Устодони мо

Чунин анљуман, бори нўњум аст, ки баргузор ме-гардад ва ин дафъа бо иб-тикори Донишгоњи миллии Тољикистон ва Донишгоњи давлатии забонњои Москва даъват гардид.Иштирокдорон тайи

ду рўз дар бораи масоили мухталиф бањсњои илмиву фарњангї карданд. Аз љумла, масъалаи ба роњ андохтани Созмони бунёдии тањсилоти динї барои муњассилини кишварњои ИДМ дар назди Донишгоњи давлатии забон-шиносии Москва баррасї шуд. Иштирокдорон дар бо-раи табодули таљриба байни уламо ва коршиносон, густа-риши њамкорињои фарњангї, муколамаи байни фарњангњо ва забонњо, робитаи дав-

лат ва муассисањои динї суханронињо карданд.Дастандаркорони ин

анљуман изњор доштанд, ки яке аз њадафњояшон фароњам сохтани шароит барои омо-дасозии муњаќќиќон ва усто-дони сатњи байналмилалї

дар даврањои вижаи омўзишї ва табодули таљриба байни донишљўёну донишомўзон дар кишварњои узви ин ду со-змон аст.Дар поёни њамоиш шўрои

олимон ба Мањмадюсуф Имомов, ректори Донишгоњи миллии Тољикистон, ун-вони ифтихории доктори Донишгоњи забонњои шањри Маскавро таќдим кард.

С. НАЗАРОВА,

“Омўзгор”

Гуфтугўйи фарњангњо

Дар филиали Донишгоњи давлатии Москва дар шањри Ду-шанбе ба ифтихори Рўзи забон конфронс баргузор гардид. Ба њузури донишљўён шоираи маъруфи тољик Шањрияи Атњамзод, сармуњаррири маљаллаи «Маърифати омўзгор», муаллифи ки-тоби дарсии «Забони тољикї» (барои синфи 5) Саида Набиева, рўзноманигор ва шоира Мадина Азимї даъват шуда буданд. Конфронсро раиси кумитаи иттифоќњои касабаи донишгоњ Ру-стам Ёрбобоев кушода, дар оѓоз суханро ба устоди донишгоњ Абдурауф Холиќов дод. А.Холиќов ба њозирин дар бораи забо-ни тољикї, рисолат ва асолати он, таърих ва даврањои инкишо-фи он иттилои заруриро пешнињод кард. Шањриябону бо ќироати чунин абёт дар бораи маќоми бу-

зурги забони тољикї ва бузургдошти он сухан карда, устодону донишљўёнро муборакбод гуфт. Ашъори ќироатнамудаи шоираи хушкалом дар бораи забон, ватан ва ишќ писанди донишљўён гардид. С.Набиева бо ёдоварї аз айёми донишљўї дар хусуси талошњои зиёиёни давр барои баланд бардоштани маќоми забони тољикї, муддате озор ёфтани он аз воќеоти нобањангом ва бањои бузургони олам ба забони тољикї њарф зада, диќќати донишљўёнро барои риояи эњтироми забони модарї љалб намуд.

-Модом ки Ватан Модар бошад, Тољикистон барои њар тољикистонї, новобаста аз миллат, модар аст, -гуфт ў.- Пас, хато намекунем, гўем, ки забони тољикї барои њар яки мо за-бони модарист.Сипас, лонишљўи курси 3-и бахши лингвистика Мењрзод Ша-

рифзода кмопозитсияи адабї-бадеиеро пешнињоди иштирокдо-рон гардонид, ки он ифтихор ва њасратро аз Бухоро- гањвораи тамаддуни тољикон ифода мекард. Мария Наноева ва Нилуфар Саматова бошанд, барои зарурати донистани забони модарї сањначаи кўтоњ ва љолиберо манзури бинандагон гардониданд. Шеърхонии донишљўён Фарангис Хайруллоева, Фирўз Обидов, Фаридун Хайруллоев ва Мараљабов низ аз эљрдиёти шоирони маъруф басе љолиб садо дод.

Ш.НАЗАРОВА

Агар сесад забон донї, фузун нест…

Page 15: Omuzgor #41 2013

№ 41, 11 октябри соли 2013 15ОМЎЗГОР ЭЉОД

Нахустин Дорулмуаллимини тољик соли хониши 1925-26 бо 180 нафар хонанда дар Тошканд ба фаъолият шурўъ кард.

ЊИКОЯ

Фурсате нагузашту корман-дони милиса расида омаданд. Духтарро, ки бењушу беёд буд, фарвран ба беморхона овар-данд. Духтурон пас аз ташхис ба муолиља пардохтанд.Модари духтар ва Маснавї

дар роњрави беморхона интизорї мекашиданд ва мунта-зири њарфе аз духтурон буданд. Нињоят, њамшираи шафќат ба онњо паём расонд, ки сало-матии бемор умуман хуб аст, фаќат каме осеб дидааст.Пас аз илтиљои зиёд ба

Маснавї иљозат доданд, ки ба назди бемор дарояд. Сари бемор докапеч ва чашмонаш пўшида буд. Пас аз андаке таваќќуф дар назди бемор Маснавї дањон кушод:

- Чї њол дорї, саломатиат чї тавр?Духтар оњиста чашм кушод

ва ба Маснавї нигарист.- Ќариб кушта будї маро.- Намехоњам, ки љавониамро

дар мањбас бигзаронам, - гуфт Маснавї.

-... - Номи ман – Маснавї, номи

ту чист?- Номи ман Њабиба, - љавоб

дод духтар.- Њабиба, бахтамон баландї

кард, - гуфт Маснавї .Дар њамин ваќт духтур ба

њуљра даромад ва нагузошт, ки бемор идомаи сухан кунад. Маснавї аз назди Њабиба баро-мад. Ба падару модар расонид, ки њолати бемор хуб аст.Маснавї рўзи дигар ба бемор-

хона омад. Духтурон Њабибаро љавоб доданд. Маснавї Њабиба ва модарашро то ба хонаашон овард. Њабиба Маснавиро ба хона таклиф намуд. Ў аз дарво-за даромад. Њавлї калон буд, токњои гуногун њавлиро зеб медоданд. Маснавї баргашту сари чанбарак нишаст. Њабиба аз паси ў барои гусел баромад. Нигоњи Њабиба Маснавиро ба худ мекашид, намехост аз ў дур шавад. Ба њам маънидорона хеле нигаристанд. Нињоят, мо-шин ба роњ даромад. Маснавї аз оина нигарист, ки Њабиба аз пасаш чашм намеканад. Љавон њуљљатњои мошин-

ро аз кормандони бозрасии автомобилї гирифт. Аз бозор харид карда, ба дидорбинии Њабиба омад. Дарвозаро ба пешвози ў худи Њабиба кушод

ва Маснавиро диду хеле хур-санд шуд. Маснавї дастовезаш-ро аз мошин фаровард. Њабиба чї гуфтанашро намедонист.

- Барои ман саломатиатон лозим, - гуфт Њабиба. – Худа-тонро ташвиш додед.

- Ман ягон ташвиш накаши-даам, - гуфт Маснавї. – Бароят тўњфа овардам.Ба хона даромаданд,

Маснавї аз модари Њабиба пурсид.

- Модарам дар мактаб кор мекунад, - гуфт Њабиба. Њар ду дар суњбат буданд, ки

модар аз дарвоза даромад. Ў ба Маснавї сипосгузорї кард, ки аз саломатии духтараш хабар мегирад.Љавон минбаъд аз Њабиба

зуд-зуд хабар мегирифт. Бо ў сайру тамошо мерафт. Рўзе маќсадашро ба Њабиба фањмонд. Њабиба хеле фикр карду ба Маснавї гуфт, ки па-дару модарат ба фикри ту розї намешаванд. Онњо шахсони до-ранда, ў бошад…Маснавї суханњои Њабибаро

рад кард ва гуфт, ки ба маќсади худ устувор аст.Рўзе падару модари Маснавї

аз роњ мегузаштанд, ки мошини ўро аз назди дарвозаи Њабиба диданд. Онњо каме дур рафта, мошинро ќарор доданд ва ин-тизори Маснавї шуданд. Баъди чанд лањза Њабиба Маснавиро гусел кард. Акнун фањмиданд,

ки чаро фарзандашон ваќтњои охир ба хона дер меомадааст.Бегоњї Маснавї ба хона

омад. Падару модар аз Маснавї дар бораи «он духтар» пурсон шуданд. Ў чизе нагуфт. Модар ба љониби Маснавї дўѓ зад, ки набояд бо камбаѓал ќудогї намоем, дигарњо ба мо чї мегўянд.

- Дигарњо ба мо чизе гуфта

наметавонанд, чунин суханњоро аз сар дур бояд кард, - гуфт Маснавї. – Дасти чунин шах-сонро бояд гирифт. Онњо чї гуноњ доранд?!Модар њељ паст намеомад,

аммо падар чизе намегуфту хомўш меистод. Маснавї фикр кард, ки онњо розї намешаванд. Ба ќавлаш устувор буданашро таъкид карду аз дарвоза баро-мад…Маснавї бо њузури

рафиќонаш тўи арўсиву до-модиашро гузаронид. Зинда-гии онњо хуш мегузашт. Шабе, Њабиба фарёдкунон аз хоб бе-дор шуд. Ў ба бемории рўњї гирифтор шуда буд. Дар бе-морхона хобониданд, вале та-бобат асар накард. Боз ба хона оварданд ўро. Модари Њабиба

њар рўз ба кор мерафт. Рўзе Маснавї Њабибаро ба кати хоб баста, худ ба бозор рафт. Пада-ри Маснавї баъд аз људоињо (ў аз писар ќањр карда буд) ба ди-дорбинии писар омад. Дар хона Њабибаи бемор буду њар гуна суханњо мегуфт. Даври чаш-мони падар ашк давр заду аз хона бадар рафт. Ба духтараш Солења ба ќадри имкон маблаѓ доду назди Маснавї фиристод. Ваќте ки Солења аз дарвоза даромад, Маснавї дар таѓора либосњои худашу Њабибаро ме-шуст. Солења бародарашро ба оѓўш гирифта, хеле ашк рехт. Ў маблаѓи падарро ба баро-дар расонд, либосњоро шуст, хонањоро ба тартиб дароварду баромада рафт.Маснавї табобати Њабибаро

дар беморхонањои гуногун идома дод. Нињоят, Њабиба муолиља ёфт.

- Њабиба, - гуфт Маснавї,- ба назди падару модар бояд рафт, дуои неки онњоро бояд гирифт, шояд зиндагониамон бењтар гардад.

- Ин фикри хуб, - љавоб дод Њабиба. - Падар розї Худо розї, гуфтаанд.Маснавї ва Њабиба он

лањзае, ки ба хона даромаданд, падар дар боѓ машѓули кор буд. Онњоро диду оѓўш кушо-да пешвоз гирифт. Модар, ки низ машѓули коре буд, аз ди-дори фарзанду арўсаш шукуфт, ќомат рост кард ва дар чашмо-наш ашки шодї њалќа зад…

Њољибой МАЊКАМЗОДА, омўзгор, узви ИЖ

Тољикистон

Дуои неки падарФурсате нагузашту корман дод духтар

Литсейи инноватсионии Дониш-гоњи технологии Тољикистон аз муассисањои фаъолу пешрави пой-тахти кишвар мебошад. Ин љо дар радифи дигар самтњои таълиму тарбия ба корњои беруназсинфї ва чорабинињои адабию фарњангї таваљљуњи њамешагї зоњир меша-вад. Охири њафтаи гузашта дар ин таълимгоњи бонуфуз (директораш О.Одинаева) ба ифтихори Рўзи за-бон ва Рўзи омўзгор мањфили ада-бии хонандагон бо иштироки ади-бон Њанифаи Муњаммадохир ва Абдурауф Муродї баргузор гашт.Чанде аз хонандагон таассу-

роти хешро вобаста ба асарњои мутолиакардаашон аз адибон Њ.Муњаммадохир ва А.Муродї ба таври хеле љолиб ва бо тањлилу баррасии образњову сужањо иброз доштанд. Ќироати порчањо аз эљодиёти адибони мазкур аз љониби гуруњи дигари хонандагон низ љолиб буд.Адибон ба як силсила саволњои

хонандагону устодони литсей посух гуфта, дар фарљом аз навиштањои тозаи хеш ба њозирин намунањо ќироат карданд.Ин мањфил дар сатњи баланд

ва хеле самимию ошкоро баргу-зор гашт ва ќабл аз њама, бозгўи мењру муњаббати амиќи шогирдо-ни таълимгоњ нисбат ба адабиёти бадеї донишу донишварї буд.

«Омўзгор»

ВОХЎРЇ МАДЕЊА

Адибон дар њузури хонандагон

Эй китоб, эй рањнамои одамон,Эй фурўзонтар зи хуршеди љањон!Эй кафолатбахши пирўзии мо,Эй фароњамовари рўзии мо!Эй дили пур, эй сари болои мо,Рањбари мо, пири мо, мавлои мо!Эй фурўѓи љодањои зиндагї,Эй ту ганљи бебањои зиндагї!Эй забони арзи њоли ошиќон,Сад љавобе бар суоли ошиќон!Эй хирадро чашмаи софу зулол,Эй ки њастї бегазанду безавол!Эй саодатбахш бар ањли башар,Эй ки бахшї зиндагониро самар!Эй љањони орї аз зиштиву кин,Эй сафобахши њаёти одамин!Эй туро њар сафњае чун кишваре,Аз дусад лашкар ту дорї бартарї!

Эй умеди њозиру фардои мо,Бењтарин дороиву пайдои мо!Эй ту уќёнуси бењадду канор,Рўди бопањнову кўњи устувор!Эй, ки њамтое надорї дар љањон,Маънибахши зиндагии одамон!Эй бањори љовидонї бехазон,Дар паноњат халќи олам дар амон!Эй ба роњи каљамалњо Садди Чин,Нерубахши рањравони ростин!Эй «аниси кунљи танњої»-и мо,Эй «фурўѓи субњи доної»-и мо!Эй фазои орї аз чангу ѓубор,Эй замини нозанину файзбор!Эй сафои њафт пушти тољикон,

Эй ба душман зарби мушти тољикон!Эй васиятномаи авлоди мо,Бењтарин дороии аљдоди мо!Эй шаби зулмониро субњи умед,Эй, ки хоњї бар њама роњи сафед!Эй њама афтодагонро дастгир,Аз ту бошад њар касе равшанзамир!Эй, ки зўру ѓайрат афзояд зи ту,«Бўи љўи Мулиён ояд» зи ту!Эй њама дармондагонро муттако,Њастии олам зи ту дорад баќо!Эй, ки рози мо ту бошї доимо,«Баргу сози мо» ту бошї доимо!Эй, ки бар мо њар чї пайдо мекунї,Уќдањои зиндагї во мекунї!Эй нишот, эй бахт, эй хирвори нур,Эй шараф, эй тахт, эй кони сурур…То љањон бошад, ту бошї пойдор,Аз ту бошад тољиконро ифтихор!

Абдурауф МУРОДЇ

Ýé êèòîá

Дар охирњои моњи сен-тябр тамоми мевањои дерпазак, аз љумла анор, анљир, хурмо, шафтолу, себ, нок, бињї, шањтут пух-та мерасанд. Боѓ намуди зе-бое пайдо мекунад: баргњои дарахтон, хусусан, дарахто-ни мевадор ранги зарњалї мегиранд. Бо вазидани бод баргњо мисли кабўтарњои бозингар дар њаво ба њар тараф парида – парида ба замин мерезанд.Замин бар тан љомаи

тиллої мепўшад. Дењќонон њосили бо мењнату машаќќат ва араќи љабин расондаашон-ро љамъ меоваранд.Дар ин фасл анбори дењќон

аз меваю забзавоту ѓалла пур-

бор мегардад.Тирамоњи бошукўњ,Пахтањоят кўњ-кўњ.Мевањоят боѓ-боѓ,Бўи хубат дар димоѓ.Тирамоњи зарафшон,

Чун бобоям боѓбон.Дўстдори мењмон,Дастархонат пуралвон.Пахтачинї идома меёбад.

. Њар бегоњ дар чанд љои сањро пахта хирман меша-вад. Пахта сарвати бебањои мост. Дар баробари ѓундоштани

пахтаю мева дењќонон аз сањро сабзавотро њам ѓундошта ме-гиранд. Дар фасли тирамоњ дастархони мо пурнозу неъ-мат мешавад.Тирамоњ! Чї манзараи

дилкашу зебо дорад ин фасл! Бењуда мо онро «фасли тил-лоии сол» намегўем.Файзбахшандаву

тарабафзо,Сањари тирамоњи зарринрў.Баѓали боѓу домани сањроПур зи бор асту дилбару

дилљў.

ЗАРИНА

Тирамоњи заринТАРОНА

Дар охирњои моњи сен-

тњвр

а

Page 16: Omuzgor #41 2013

№ 41, 11 октябри соли 201316 ОМЎЗГОР

Суњбати љонпарвар аст суњбати «Омўзгор»

Муассис: Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон

Сармуњаррир: Ноилшо НУРАЛИЕВ

Њайатитањрир:

Н.САИДОВ, Ф.РАЊИМОВ, Т.МАЊМАДОВА, Ф.ИСМОНОВ, А.РАЊМОНОВ, М.САЙФИДДИНОВ, А.МУРОДЇ (љонишини сармуњаррир), М. РУСТАМ (котиби масъул)

Почтаи электронї: [email protected]Сайти њафтанома: www.omuzgor-news.tj

Суроѓа: 734024, ш.Душанбе, к.Нисор Муњаммад, 13а. Телефонњо: ќабулгоњ – 221-63-36, љонишини сармуњаррир – 227-36-29, котиби масъул ва шуъбањо – 227-25-49

Њафтанома дар Муассисаи ХЊЊФ «Мушфиќї» ба табъ расидааст. | Индекси обуна – 68850 | Адади нашр: 29 435 нусха | Тарроњ: С. Ниёзов | Њуруфчинон: О.Љабборова ва Ш. Зафарзода

«Омўзгор» дар Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон тањти раќами 21Р – 405 19.12.2000 сабти ном шуда, тањти раќами 0018/рз, аз 14.09.2007 дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон аз нав номнавис гардидааст. Нашрия ба хотири чандандешї маводе низ ба табъ мерасонад, ки идораи њафтанома метавонад бо муаллифон њамфикр набошад ва барои онњо масъулият ба уњда нагирад. Дастхатњо ва суратњо ба муаллифон баргардонида намешаванд.

ОМЎЗГОР

ХАНДАРЕЗПАНЉ ЛАТИФА

АНЉОМ

Падар аз љои кор ба хона-аш телефон мекунад.

- Алло, ин тўї, писаракам? Модарат дар куљост?

- Ў дар рўи њавлї маро љустуљў дорад, падарљон!

***Зане бо ноз ба шавњараш

мегўяд:- Шумо бо як нигоњ ба ман

ошиќ шудаву зуд хонадор гардидед?Шавњараш посух мегўяд:- Оре, бо як нигоњ ошиќ

шудам, вале агар бори ди-гар нигоњ мекардам, ману ту њамхона намешудем.

*** Модар ба духтарчааш, ки

пайваста гиря мекард, гуфт: - Хайрият, гиряро бас

кардї.Духтарча:- Бас накардаам, дам ги-

рифта истодаам, очаљон.***

Марде як дўсташро дар назди шоњроњи пурмошин хурсанд дида пурсид:

- Воќеаи аљибе рух дод магар, ки ин ќадар хурсанд менамої?

- Ња, хушдоманам зери чархи мошин монд, - љавоб дод дўсташ.

***Мард:- Занак, иљозат дењ, шонаи

нав харам, дандонаи шонаам шикаст.Зан:- Девона шудаї, ки барои

як дандонаи шикастаи шона навашро мехарї?! Серпул шудї магар?Мард:- Занакљон, охир, ин дандо-

наи охирини шонаам буд.

ЭЪТИБОР НАДОРАДДипломи гумшудаи №618050,

ки онро соли 1990 Омўзишгоњи касбии техникии №3-и ш.Душанбе ба Љаборова Нодира додааст, эъ-тибор надорад.Шањодатномаи гумшудаи

АБ №107706, ки онро соли 2002 мактаби миёнаи №135, ноњияи Варзоб ба Њикматов Фаррух Шохмањмадович додааст, эъти-бор надорад.Шањодатномаи гумшудаи А

№245870 дар бораи хатми синфи 9, ки онро соли 1996 мактаби миё-наи №76-и ноњияи Фирдавсї ба Хусравова Мижгон Љангибековна додааст, эътибор надорад.Шањодатномаи гумшудаи

Т-ШТА №256654, ки онро соли 1995 мактаби миёнаи №66-и ноњияи Сино ба Эшанкулова Мат-люба Азимовна додааст, эътибор надорад.Шањодатномаи гумшудаи

ШТС №0086243 дар бораи хатми

синфи 9, ки онро мактаби миёнаи №24-и ноњияи Фирдавсї ба Кали-нин Алишер додааст, эътибор на-дорад.Шањодатномаи гумшудаи

Т-ШТА №0017489 дар бораи хат-ми синфи 9, ки онро соли 2004 мактаби миёнаи №8 (њоло №70)-и ноњияи Исмоили Сомонї ба Ниёзї Ануширвони Хуршидпур додааст, эътибор надорад.Шањодатномаи гумшудаи

Т-ШТУ №0055848, ки онро мактаби миёнаи №17-и ноњияи Фирдавсї ба Рањматулаев Фирўз Абубакрович додааст, эътибор надорад.Шањодатнома гумшудаи БП

№788138, ки онро соли 1980 мактаб-интернати миёнаи махсу-си санъати љумњуриявї ба номи М.Атоев (собиќ мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиќї) ба Яку-бова Фарида Камоловна додааст, эътибор надорад.Шањодатномаи гумшудаи

Т-ШТУ №0026006, ки онро соли

2005 мактаби миёнаи №1-и ноњияи Дарвоз ба Гулшоева Парвина Амиралиевна додааст, эътибор надорад.Шањодатномаи гумшудаи А

№240248, ки онро мактаби миёнаи №16-и ноњияи Сомонї ба Шари-пова Шањло Шарофовна додааст, эътибор надорад.Шањодатномаи гумшудаи

Т-ШТУ № 0198109, ки онро соли 2008 мактаби миёнаи №1-и ноњияи Шуѓнони ВМКБ ба Назришозо-даи Мижгонаи Мењробшо дода-аст, эътибор надорад.Шањодатномаи гумшудаи

Т-ШТА №30256025, ки онро соли 2008 мактаби миёнаи №66-и ноњияи Сино ба Болтаева Мунира Сатторовна додааст, эътибор на-дорад.Шањодатномаи гумшудаи А

№136258 дар бораи хатми син-фи 9, ки онро соли 1995 мактаби №101 шањри Турсунзода ба Рузие-ва Фотима Хурамовна додааст, эътибор надорад.

Акнун банду буѓумротабиат табобат мекунад !Растании «Са-

бельник» барои беморињои банду буѓум, сутунмўњра, устухон исти-фода шуда, на-макро хориљ, дарду сўзишро бартараф, варам ва шамолхўрии буѓумњоро нест ме-кунад ва бељошавї, рагкаширо барта-раф намуда, орга-низмро аз моддањои зарарнок тоза мекунад. Истифода: ба калонсолон 10-20 чакра 2 бор дар як рўз. Давомнокї 1 моњ. Њангоми харид дар рўи ќуттї бубинед, ки живые витамины навишта шуда бошад, зеро мањз хамин намуд сабелник дар таркибаш спирт ва ќанд на-дорад, бинобар ин, ба гирифторони беморони диабет, атеросклероз, њомиладорон, фарбењї истеъмоли он зарур ва мумкин аст.

Аз дорухонањо пурсон шавед, ё ба телефонњои вилояти Суѓд ва ноњияњои он92 749 33 47 Душанбе 95-178-85-08 мурољиат

намоед. Нархаш 22 сомонї.

ТАНАКСОЛ - бар зиддиихрољи ЛЯМБЛИЙ !

Ширкати илмию истењсолии Россия во-ситаи нодиреро коркард намудааст, бо номи ТАНАКСОЛ, ки он аз љамъи гиёњњо (пижма, полын, тысячелистник, девясил) иборат буда, њангоми беморињои паразитї ва сироятї (лямблиоз, амебиоз, аскаридоз, энтеробиоз,) истифода бурда меша-вад. Он њоло воситаи аз

њама самараноки зидди лямблиоз барои кўдакон ва калонсолон мањсуб меёбад. Дар њолатњои вазнин та-наксолро якљоя бо дигар воситањои синтетикии зидди ихрољ истифода бояд бурд. Танаксол таъсири ман-фии доруњои синтетикиро кам мекунад. Тарзи истифодабарї: Кўдакони аз 1-сола боло

1/6ќ, аз 2 то 7-сола 1/3ќ, аз 7 то 12-сола 2/3ќ, аз 12-сола боло аз 1 то 2 ќошуќча рўзе 3 маротиба, 30 даќиќа пас аз хўрок. Давомнокї: аз 7 то 14 рўз, барои калон-солон то 30 рўз.

Аз дорухонањо пурсон шавед!

Дар замони муосир робото-техника дар тамоми љањон бо суръати баланд тараќќї меё-бад. Роботикунонї дар њама соњањои љамъиятї имкониятњои истењсолотро зиёд мекунад.Автоматикунонї ва роботи-

кунонии истењсолот имконият медињад, ки амалиёти истењсолї бе иштироки инсон, аммо дар тањти назорат ва идораи вай амалї шавад. Автоматикуно-нии равандњои истењсолї ба афзун гардидани истењсолот, кам кардани харољот ва бењтар намудани сифат, сарфаи идо-ракунии раванди истењсолї ёрї мерасонад.Њоло ягон навъи истењсолоти

технологї ва системаи беха-тариро бе ширкати системаи автоматї тасаввур наметавон кард. Истифодаи системаи зиддисўхторї аз љумлаи он аст. Роботњоро дар фабрика-

ву заводњо дар зинаи гуно-гуни технологї чун љо ба љо намудани ќисмњои автомо-бил, оњангарї, кафшергарї, корњои таъмирї ва ѓайра ме-тавон истифода бурд. Инсон-ро ба робот дар љойњое иваз намудан мумкин аст, ки он ба саломатии вай зарар мерасо-над.Аммо бо ин бартарињо дар

фаъолияти онњо норасоињо низ кам нестанд. Масалан, роботикунонї ба аз кор озод

намудани кормандон овар-да мерасонад, ки ин сатњи бекоршавии мардумро зиёд менамояд. Роботњо њамеша ба барномасозї эњтиёљ до-ранд, яъне, барои тайёр на-мудани коргарони маълумоти иттилоотию техникї дошта зарурат ба миён меояд. Ин харољоти иловагї металабад. Баробари ин бо истифода аз ин системањо корхона метаво-над харољоташро дар муддати кўтоњ пўшонад.Барои мавќеи худро дар

бозори љањонї мустањкам кар-дан истењсолкунандагон бояд раќобатпазирии мањсулоти худро бо истифода аз техноло-гияи замонавї ба даст оранд. Ширкатњои калон сол то сол барои ихтирои технологияњо маблаѓи зиёд људо мекунанд. Чунки агар мањсулоти онњо замонавї набошад, мушта-риёни худро аз даст медињад. Ин ба муфлисшавии корхона оварда мерасонад.Љомеаи моро низ зарур аст,

ки барои њамќадами замон будан аз техника ва техноло-гияи навин бархурдор бошад ва мутахассисони соњибкасби ватаниро дар ин соња тайёр на-мояд.

Мањдї НАЗРИДДИНОВ, Рањматулло НУРОВ, донишљўёни Донишгоњи

техникии Тољикистон ба номи М.Осимї

МУАРРИФЇ

Истифодаи роботдар истењсолот

Ман соли дањум аст, ки аз рўи усулњои «Ќадам ба ќадам» фаъо-лият мебарам. Мувофиќи талабо-ти ин барнома дар рафти таълиму тарбия иштироки бевоситаи пада-ру модарон зарур аст. Ба њамагон маълум аст, ки оила ва мактаб асо-си иљтимоикунонї ва таълимдињии кўдакон мебошанд. Њар ќадар во-лидон бо омўзгорон алоќаи зич до-шта бошанд, дониши фарзандона-шон низ њамин ќадар хуб мешавад.Усулњои «Ќадам ба ќадам»

ањамияти волидонро њамчун муал-лимони аввалини кўдак, инчунин, он њаќиќатро, ки волидон нисба-ти кўдакони худ нозир њисоб меё-банд, исбот мекунад. Дар синфњои ибтидої волидон ба сифати њамкорони муаллим дар таълими хонандагон эътироф карда меша-ванд. Онњо низ мисли муаллим зањмат мекашанд, мебинанд, ки чї хел фарзандонашон дар гурўњњо фаъолият мекунанд.Ваќте ки мо љамъомади

пагоњирўзї мегузаронем, ман мушоњида мекунам, ки модар ё

падаре, ки дар ин љамъомад ишти-рок мекунад, суханронии озодонаи фарзандашро дида, хурсанд меша-вад.Баъди гузаронидани ин гуна

љамъомад ба ман модаре гуфт:- Муаллима, ман бовар надо-

штам, ки Мунисаи шармгинам чу-нин сухан ронда тавонад.Барои гузаронидани љамъомади

пагоњирўзї мо ба кўдакон мавзўи ояндаи суњбатамонро эълон медо-рем. Баъди гузоштани маќсад хо-нандагон гуруњњои дилхоњашонро интихоб мекунанд. Волидон низ озод будани фарзандонашро дида, кўшиш мекунанд, ки фикрњои худро пешнињод намоянд. Боре њангоми гузаронидани љамъомади пагоњирўзї мо дар пеши худ маќсад гузоштем, ки рўзи оянда љамъомадро ба мавзўи «Парран-дани дўстдоштаи ман» бахшем. Њамин ваќт модаре пешнињод кард:

- Њар хонанда метавонад дар хона паррандаи дўстдоштаи худро

тасвир намояд, кашидадўзї кунад.Пагоњ, њангоми гузаронидани

љамъомади пагоњирўзї худам њам дар њайрат мондам.Яке паррандаи дўстдоштаашро

тасвир намудааст, дигаре онро аз ашёи табиї ва пластилин сохта-аст; духтараки чењрахандон Ниги-на дар матоъ расми фароштуру-кро дўхтааст; Алишерљон бошад, тўтиашро бо ќафасаш овардааст. Њар яке дар бораи паррандаи дўстдоштаи худ маълумот доданд, бахшида ба онњо шеъру сурудњо хонданд.Њафтае як маротиба рўзномаи

шогирдон бо падару модарон баррасї карда мешавад. Тавассути онњо падару модарон аз давомот ва хониши фарзандон огањї меёбанд.Аз рўи таљриба маълум гардид, ки

њар ќадар алоќаи волидон бо мактаб зиёд бошад, њамон ќадар сатњи до-ниши хонандагон баланд мешавад.

Раљабгул АМОНОВА, омўзгори мактаби №2-и шањри

Душанбе

ТАРБИЯ Иштироки волидон дар дарс