16
24 (11885) 14-уми июни соли 2013-ум Бењин фарди љањон омўзгор аст, Аз ў сарсабзу хуррам рўзгор аст www.omuzgor-news.tj НАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ÄÀÐ ÈÍ ØÓÌÎÐÀ: сањ. 3 сањ. 5 сањ. 7 сањ. 4 сањ. 6 сањ. 15 ЊАФТАНОМА АЗ 20-УМИ ИЮЛИ СОЛИ1932-ЮМ НАШР МЕШАВАД ОМЎЗГОР Дар тамоми таълимгоњњои љумњурї давраи басо масъулиятбор ат- тестатсия аз фанњои гуногун идома дорад. Натиљањои аввалин бозгўи онанд, ки аксар хонандагон ба аттестатсия бо омодагии комил ва масъулияти љиддї њозир шуданд. Ањли маориф аз тамоми минтаќањои кишвар бо ќаноатмандї изњор медоранд, ки имсол сариваќт ва мукам- мал тањия ва дастрас шудани њамаи њуљљату санадњои марбут ба атте- статсия мусоидат бар он кард, ки ин давраи муњими таълиму тарбия дар саросари кишвар дар сатњи баланд баргузор карда шавад. Таман- нои онро дорем, ки тамоми хонандагони мактабњои љумњурї давраи аттестатсияро бомуваффаќият љамъбаст намоянд. Чанд рўз ќабл дар Минск, дар бинои Сафорати Љумњурии Тољикистон дар Љумњурии Беларус маросими имзои Со- зишнома байни Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Љумњурии Бела- рус оид ба њамкорї дар соњаи тањсилоти олї ва тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимї доир гардид. Дар маросим Сарвазири Љумњурии Тољикистон Оќил Оќилов ва аъзои њайати њукуматї, ки дар кори љаласаи Шўрои сарони њукуматњои давлатњои иштирокчии ИДМ иштирок намуда буд, њузур доштанд. Созишнома- ро аз љониби Тољикистон вазири маорифи Љумњурии Тољикистон Нуриддин Саи- дов ва аз љониби Беларус вазири маорифи Љумњурии Беларус Сергей Маскевич имзо карданд. Бояд зикр намуд, ки Созиш- нома барои рушди њамкорињо дар соњаи тањсилоти олї ва тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимї аз тариќи гирифтани таълимо- ти шањрвандони Тољикистон ва Беларус дар муассисањои тањсилоти олї, академияњои тањсилоти баъдидипломї, донишкадањои такмили ихти- сос вабозомўзї, донишкадањои рушди тањсилот ва дигар муассисањои низоми мао- риф заминаи њуќуќї фароњам меоварад. Санад, аз љумла, табодули донишљўён, кор- мандони омўзгорї, иштирок дар олимпиадањо, озмунњо, фестивалњо, конфронсњо, дар чорабинињои байналмилалии таълимї, рушди њамкорињо миёни муассисањои таълимиро пешбинї мекунад. ИМЗОИ СОЗИШНОМА ДАР СОЊАИ МАОРИФ КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТЇ БАРОИ ХАТМКУНАНДАГОН Дар шањри Ќўрѓонтеппа маъракаи интихоби донишљўён барои дохилшавї ба мактабњои олии кишвар мувофиќи квотаи Президентї оѓоз ёфт, ки он то 21 июн да- вом мекунад. Назар ба хабари сар- мутахассиси шуъбаи руш- ди иљтимої ва равобит бо љомеаи маъмурияти вилояти Хатлон Исматулло Каримов, њоло дар шањру ноњияњои ви- лоят беш аз 1500 нафар барои суњбат љамъ омадаанд. Им- сол 468 нафар хатмкунандаи мактабњои тањсилоти умумї бо квотаи Президентї ба 15 мактаби олии кишвар до- хил мешаванд, ки 242 нафа- ри онњоро духтарон ташкил медињанд. «Ховар» ЗАРУРАТИ ТАЉДИДИ НАЗАР БА БАРНОМАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОЉИК БАРОИ СИНФЊОИ V-XI 3 ДОНИШЉЎ БА ТАРБИЯ НИЁЗ ДОРАД? Мулоњизањо перомуни баргузории маљлиси падару модарон дар донишгоњу донишкадањо ФОРИЃЇ АЗ ФАРОЃАТИ КЎДАКОН Ё таваљљуњи нокифояи масъулин ба истироњатгоњњои бачагона УСУЛИ МУАЙЯН НАМУДАНИ УСУЛИ МУАЙЯН НАМУДАНИ Агар волидайни бомаърифат фарзандашонро дар хона бо воситањои дахлдори эљодкорї таъмин намоянд, пас, оли- мони соњаи педагогика ва психология истеъдоди бачаро дар асоси илми педология муайян мекунанд. ШАХСИЯТ , СИМО ВА МАЌОМИ ОМЎЗГОР ИСТЕЪДОДИ КЎДАКОН ИСТЕЪДОДИ КЎДАКОН 7 Вай афкору аќидањои шахсии динию мазњабї ва сиёсии шахсиашро ба таълимгирандагон тањмил насох- та, аз њама гуна амалњои ифротгаро ва тундрав, ки ба зуњури беадолатї равона мешаванд, худдорї наму- да, нисбат ба озодандешии солими таълимгирандагон эњтиромона муносибат мекунад. СУПОРИДАНИ ИМТИЊОНЊОИ ОЗМОИШИ КАЛОНИ НИЗОМИ ИМД ОЃОЗ ЁФТ

Omuzgor #24 сайт 2013

  • Upload
    -

  • View
    295

  • Download
    19

Embed Size (px)

DESCRIPTION

 

Citation preview

Page 1: Omuzgor #24 сайт 2013

№ 24 (11885)14-уми июнисоли 2013-ум

Бењин фарди љањон омўзгор аст,Аз ў сарсабзу хуррам рўзгор аст

www.omuzgor-news.tjНАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

ÄÀÐ ÈÍ ØÓÌÎÐÀ:

сањ. 3

сањ. 5

сањ. 7

сањ. 4

сањ. 6

сањ. 15

ЊАФТАНОМА АЗ 20-УМИ ИЮЛИ СОЛИ1932-ЮМ НАШР МЕШАВАД

ОМЎЗГОР

Дар тамоми таълимгоњњои љумњурї давраи басо масъулиятбор – ат-тестатсия аз фанњои гуногун идома дорад. Натиљањои аввалин бозгўи онанд, ки аксар хонандагон ба аттестатсия бо омодагии комил ва масъулияти љиддї њозир шуданд. Ањли маориф аз тамоми минтаќањои кишвар бо ќаноатмандї изњор медоранд, ки имсол сариваќт ва мукам-мал тањия ва дастрас шудани њамаи њуљљату санадњои марбут ба атте-статсия мусоидат бар он кард, ки ин давраи муњими таълиму тарбия дар саросари кишвар дар сатњи баланд баргузор карда шавад. Таман-нои онро дорем, ки тамоми хонандагони мактабњои љумњурї давраи аттестатсияро бомуваффаќият љамъбаст намоянд.

Чанд рўз ќабл дар Минск, дар бинои Сафорати Љумњурии Тољикистон дар Љумњурии Беларус маросими имзои Со-зишнома байни Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Љумњурии Бела-рус оид ба њамкорї дар соњаи тањсилоти олї ва тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимї доир гардид. Дар маросим Сарвазири

Љумњурии Тољикистон Оќил Оќилов ва аъзои њайати њукуматї, ки дар кори љаласаи Шўрои сарони њукуматњои давлатњои иштирокчии ИДМ иштирок намуда буд, њузур доштанд. Созишнома-ро аз љониби Тољикистон – вазири маорифи Љумњурии Тољикистон Нуриддин Саи-дов ва аз љониби Беларус – вазири маорифи Љумњурии Беларус Сергей Маскевич

имзо карданд. Бояд зикр намуд, ки Созиш-

нома барои рушди њамкорињо дар соњаи тањсилоти олї ва тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимї аз тариќи гирифтани таълимо-ти шањрвандони Тољикистон ва Беларус дар муассисањои тањсилоти олї, академияњои тањсилоти баъдидипломї, донишкадањои такмили ихти-сос ва бозомўзї, донишкадањои рушди тањсилот ва дигар муассисањои низоми мао-риф заминаи њуќуќї фароњам меоварад. Санад, аз љумла, табодули донишљўён, кор-мандони омўзгорї, иштирок дар олимпиадањо, озмунњо, фестивалњо, конфронсњо, дар чорабинињои байналмилалии таълимї, рушди њамкорињо миёни муассисањои таълимиро пешбинї мекунад.

ИМЗОИ СОЗИШНОМА ДАР СОЊАИ МАОРИФ КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТЇ БАРОИ ХАТМКУНАНДАГОНДар шањри Ќўрѓонтеппа

маъракаи интихоби донишљўён барои дохилшавї ба мактабњои олии кишвар мувофиќи квотаи Президентї оѓоз ёфт, ки он то 21 июн да-вом мекунад.Назар ба хабари сар-

мутахассиси шуъбаи руш-ди иљтимої ва равобит бо љомеаи маъмурияти вилояти Хатлон Исматулло Каримов, њоло дар шањру ноњияњои ви-лоят беш аз 1500 нафар барои суњбат љамъ омадаанд. Им-сол 468 нафар хатмкунандаи мактабњои тањсилоти умумї бо квотаи Президентї ба 15 мактаби олии кишвар до-хил мешаванд, ки 242 нафа-ри онњоро духтарон ташкил медињанд.

«Ховар»

ЗАРУРАТИ ТАЉДИДИ НАЗАР БА БАРНОМАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОЉИК БАРОИ

СИНФЊОИ V-XI

3ДОНИШЉЎ БА ТАРБИЯ НИЁЗ ДОРАД?

Мулоњизањо перомуни баргузории маљлиси падару модарон дар донишгоњу

донишкадањо

ФОРИЃЇ АЗ ФАРОЃАТИ КЎДАКОНЁ таваљљуњи нокифояи масъулинба истироњатгоњњои бачагона

УСУЛИ МУАЙЯН НАМУДАНИУСУЛИ МУАЙЯН НАМУДАНИ

Агар волидайни бомаърифат фарзандашонро дар хона бо воситањои дахлдори эљодкорї таъмин намоянд, пас, оли-мони соњаи педагогика ва психология истеъдоди бачаро дар асоси илми педология муайян мекунанд.

ШАХСИЯТ,СИМО ВА МАЌОМИ ОМЎЗГОР

ИСТЕЪДОДИ КЎДАКОНИСТЕЪДОДИ КЎДАКОН

7

Вай афкору аќидањои шахсии динию мазњабї ва сиёсии шахсиашро ба таълимгирандагон тањмил насох-та, аз њама гуна амалњои ифротгаро ва тундрав, ки ба зуњури беадолатї равона мешаванд, худдорї наму-да, нисбат ба озодандешии солими таълимгирандагон эњтиромона муносибат мекунад.

СУПОРИДАНИ ИМТИЊОНЊОИ ОЗМОИШИ КАЛОНИ НИЗОМИ

ИМД ОЃОЗ ЁФТ

Page 2: Omuzgor #24 сайт 2013

№ 24 14-уми июни соли 20132 ОМЎЗГОР ТАШАББУС

Баъди буридани лентаи рамзї мењмонон дохили биноро дида, ба си-фати корњои сохтмонї бањои баланд доданд. Вазири маориф Нуриддин

Саидов дар љараёни суњбат бо хонан-дагон зикр кард, ки дар чунин шароит тањсили хубу аъло вазифаи љонии њар хонанда аст.

-Шумо бояд дар ёд дошта бошед, ки ин минтаќаи сайёњї оянда ба мутахас-сисони сазовор дар њама соња ниёз до-рад, -таъкид намуд вазир. –Ёдовар ме-шавем, ки ин бино то соли 1984 њамчун њаммом фаъолият мекард ва бо иќдоми мардуми мањал аз он ваќт ба мактаб табдил дода шуд. Бино дуошёна буда, дар он 150 хонанда тањсил мекунанд. Бинои асосї аз 12 синфхона, утоќи ди-ректор, хонаи муаллимон, китобхона, утоќи муњосиб, толори варзишї, ду њуљраи хобгоњ барои омўзгорон ибо-рат аст.Бинои таълимї бо 130 љуфт мизу

курсї, 12 тахтаи синфї, 20 мизи корї, 22 курсї барои омўзгорон, 7 маљмўъ мизи компютерї бо курсиаш, 20 љевон барои китоб, 2 љевон барои либос, 1 маљмўъ таљњизот барои утоќи кори директор, 6 рафи китобмонї барои ки-тобхона муљањњаз шудааст.Барои сохтмони иншоот 481 395,12

сомонї, барои таљњизот 67 456, 73 сомонї сарф гардид. Бояд зикр кард, ки дар иљрои кор маќомоти иљроияи

њокимияти давлатии ноњия, инчунин, соњибкори мањаллї Зинатулло Саидов низ сањми сазовор гузоштанд. Нуриддин Саидов омўзгорону хо-

нандагонро бо ифтитоњи чунин як таълимгоњи замонавї дар анљоми соли хониш муборакбод гуфта, ба сарпара-стони ин иќдом изњори миннатдорї намуд. Њамчунин, баён кард, ки ба-рои мењнату дастгирияш соњибкори мањаллї Зинатулло Саидов аз тарафи Вазорати маориф бо нишони «Аъло-чии ифтихории маорифи Тољикистон» сарфароз гардонида шавад. Мењмонон аз сифати хуби кори

пудратчиёни ЉДММ «Шарќ-1» ќаноатмандї карда, ба таъмиру тарми-ми синфхонањо, утоќњои корї, ошхона бањои муносиб доданд. Вазир аз кам будани теъдоди компютерњо, норасоии китобњои бадеї ва вазъи номувофиќи китобхона изњори нигаронї намуда, барои дастгирї ба масъулин дастуру супоришњои мушаххас дод. Зикр шуд, ки дар иљрои барномањои давлатї ва њидоятњои Президенти кишвар љињати љалби бештари духтарон ба тањсил, омўхтани забонњои хориљї ва техно-логияи нав, ќадр намудани мењнати ободкорон ва эњтиром ба Ватану мил-лат омўзгорон бояд бештар фаъол бо-шанд.

Ноилшо НУРАЛИЕВ,«Омўзгор»

МУЖДА

БОЗ ЯК МАКТАБ ДАР АНЉОМИ СОЛ

ЛОИЊАИ ТОЉИКИСТОН ДАСТГИРЇ ЁФТРўзи 21-уми май љаласаи

Шўрои директорони шари-кони Хазинаи љањонї оид ба тањсилот доир гардид, ки дар он 10 масъала мавриди муњокима ва баррасї ќарор дода шуд. Њамзамон, назару андешаи аъзои Шўро вобаста ба масъалањои мазкур шунида шуд. Хушбахтона, лоињаи дархо-

стии грантии пешнињоднамудаи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон рўзи 22 майи соли равон аз љониби Шўрои ди-ректорони шарикони Хазинаи љањонї оид ба тањсилот дасгирї ёфта, ба андозаи 16,2 млн дол-лари ИМА тасдиќ гардид.Мавриди зикр аст, ки бори

аввал лоињаи грантї дар самтњои тањсилоти томактабї ва фарогир (инклюзивї), ба-

рои таъмир, харидорї на-мудани таљњизот, бозичањои кўдакона, китобчањо барои кўдакон, тањияи наќшањои таълимї, аз курсњои такми-ли ихтисос гузаронидани му-раббиён, тањияи наќшањои таълимї ва стандартњои фаннї, чопи китобњои дарсї барои тањсилоти фарогир (инклюзивї) татбиќ карда ме-шавад.Ќобили зикр аст, ки Хази-

наи љањонї оид ба тањсилот моњи июни соли 2013 тавассу-ти Бонки умумиљањонї љињати татбиќи лоињаи мазкур дар Љумњурии Тољикистон со-зишнома ба имзо расонида, моњи июли соли љорї бошад, созишнома байни Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Бонки умумиљањонї ба имзо

расонида мешавад.Вазири маориф Нуриддин

Саидов дар љараёни сафар, њамчунин, бо роњбари Хази-наи љањонї оид ба тањсилот Карол Беллами бо вази-рони маорифи кишварњои Афѓонистон, Филипин, Лаос, Гвинея, Лессота, Сенегал,

Австралия ва роњбарону на-мояндагони созмонњои бай-налмилалии воломаќоми ЮНИСЕФ, ЮНЕСКО, Бонки умумиљањонї, Бонки Осиёии Рушд ва Агентии байналми-лалии Шветсария, ки бо мо шарикони њамкор мебошанд, суњбату вохўрињо анљом дода, оид ба њамкорињои мутаќобилан судманд табоду-ли назар карданд.Зимни мулоќоту вохўрињо

ва баррасии масъалањои мар-бут ба соњаи маориф онњо рушди Тољикистон ва дастги-рии соњаро мусбат арзёбї на-муданд.

Эмомалї ШОКИРОВ, мудири бахши тањия

ва татбиќи барномањои сармоягузорї ва грантњо

дар соњаи маорифи ВМ ЉТ

Боиси ифтихор аст, ки солњои охир вусъа-ти њаракати олимпї теъдоди љоизадоронро бамаротиб зиёд гардонид. Иштироки мактаб-бачагони тољик дар озмунњои байналмилалї бењтарин имкониятест бањри ба даст оварда-ни њама гуна љоиза. Аз љумла, дар Олимпиа-даи Менделеевї аз фанни химия соли 2012 хонандагони мо сазовори 1 медали тилло ва 3 медали биринљї гардида буданд. Имсол хо-нандагони тољик дар ин олимпиада, ки дар Љумњурии Ўзбекистон баргузор гардид, сазо-вори ду медали биринљї ва дипломи дараљаи 4 гардиданд.Албатта, дар иштироки хонандагон

дар чунин озмунњо ва ба даст овардани нишондодњои бењтарин сањми Маркази љумњуриявии кор бо мактаббачагони шоиста зиёд аст. Кормандони ин марказ дар љараёни омода намудани шогирдони боистеъдод, ин-тихоб ва сафарбар намудани бењтаринњо ба озмунњои байналмилалї наќши созгор мегу-зоранд. Ин маротиб директори Маркази

љумњуриявии кор бо мактаббачагони шои-

стаи назди Вазорати маорифи Љумњурии Т о љ и к и с т о н Шокирљон Гадоев бо Диплом ва меда-ли Кумитаи тадору-коти Олимпиадаи байналмилалї сазо-вор дониста шуд. Тавре вазири

маорифи љумњурї Нуриддин Саидов дар маљлиси на-зоратии Вазорати маориф изњор дошт, ин туњфа самараи мењнати ањли соња аст.

-Аз ин рў, њамаи шуморо ба ин муносибат аз номи њайати мушовараи Вазорати маориф муборакбод мегўям, - гуфт вазир.

Саидаи ФАЗЛ,«Омўзгор»

ЊАМКОРЇ

МУКОФОТ МУБОРАК!

САМАРАИ ФАЪОЛИЯТ

Баъди маросими ифтитоњ довталабон аз рўйи шартњои озмун ба сабќат пардохтанд. Намо-яндагони ноњияњои Бох-тару Абдурањмони Љомї аз сабаби бемасъулиятии мудирони шўъбањои мао-рифи ноњияњои мазкур дар озмун иштирок карда на-тавонистанд. Рўзи дуюм озмун пай дар пай гузаро-нида шуданд. Њамин тариќ, озмуни вилоятии «Муал-лими соли 2013» љамъбаст гардид. Дар маросими љамъбаст сардори раёсати маорифи вилоят Хоналї Ќурбонзода иштирок дошт. Муовини сардори раёсат Р.Шокиров озмун-ро љамъбаст намуда гуфт : - Дар байни намояндагони

23 шањру ноњияи вилоят танњо як нафар омўзгори фанни математикаи шањри Норак корњои эъљодияш ба талаботи шартњои озмун љавобгў буду халос.Акса-рияти довталабони озмун тибќи талаботи Низомно-маи озмун тайёр набуданд. Малакаи кор бо компютер-ро надоранд, ба љузъиёти оддии дарс ањмият надо-данд… Њайати комиссияи тадорукоти се љои аввалро чунин муайян кард: - Наза-ров Давлатшо – муаллими математикаи гимназияи №1-и шањри Норак, 2. Аве-зова Гулнора, муаллимаи физикаи гимназияи №1 –и ноњияи Љиликўл ва Иза-туллоев Рўзимад муаллими математикаи литсейи №1

–и шањри Кўлоб.3. Камолова Хайрї, му-

аллимаи забон ва адабиё-ти тољики мактаби №56 –и ноњияи Вахш ва Мав-лонов Љўрахон, муаллими синфњои ибтидоии мактаби № 17-и ноњияи Восеъ.Дар фарљоми чорабинї

сардори раёсати мао-рифи вилоят Хоналї Ќурбонзода аз тайё-рии довталабон изњори норозигї намуда, афзуд, ки аз шумораи 32 њазор нафар омўзгорони вилоят иштироки 23 нафар до-вталаб дар озмун ин теъ-доди нињоят кам буда, дар оянда шумораи иштирок-чиёни озмунро зиёд наму-да лозим аст то ин ки мо омўзгорони донишманду навоварро хоста гирифта тавонем. Њамзамон таъ-кид намуд, ки ѓолибони озмун ба даври нињоии љумњуриявї тайёрии пух-та бинанд.

Шариф АБДУЛЊАМИД, «Омўзгор»

ЃОЛИБОН МУАЙЯН ГАРДИДАНДОЗМУН

МАЊФИЛ

Ин љо дар њафтаи охири соли хониш низ вохўрии устодону хонандагон бо адибони хушзавќу хушсалиќа Абдура-уф Муродї ва Раљаби Мусулмониён баргузор гашт, ки хеле рангину љолибу хотирмон сурат гирифт. Нахуст гурўње аз хонандагони мактаб аз рўи њаљвияњои А.Муродї сањначањо намоиш дода, мазмуну мундариљаи китобњои ин на-висандаи соњибистеъдодро ташрењ бах-

шиданд. Барои ањли нишаст, ба вижа, шунидани нуктањои њаљвии адиб, ки аз љониби чанде аз шогирдони синфи дањум ќироат гашт, хеле сурурбахшу гуворо буд.Шеърхонии шоири тозабаён Раљаби

Мусулмониёнро низ устодону шогир-дони таълимгоњ гарму самимї пази-руфтанд.Дар ќисмати дуюми ин вохўрии

дилнишин адибон А.Муродї ва Р.Мусулмониён ба як силсила суолњои хонандагон посух гуфта, зимнан онњоро ба муносибати хатми соли тањсил табрик намуданд ва барои супо-ридани аттестатсияњо ба онњо комёбї таманно карданд. Њамчунин, даъват намуданд, ки хонандагон дар давраи таътил њар чї бештар китоби бадеї му-толиа кунанд.Дар хотимаи вохўрї директори мак-

таб Ќ. Шамсов ва омўзгори забону адабиёти тољик Р.Хўљамуродов ба ади-бон аз номи ањли мактаб арзи сипос на-муда, ба корњои эљодии минбаъдаашон муваффаќиятњо орзу карданд.

«Омўзгор»

АДИБОН ДАР ЊУЗУРИ ХОНАНДАГОН

Page 3: Omuzgor #24 сайт 2013

№ 24 14-уми июни соли 2013 3ОМЎЗГОР ПЕШНИЊОД

Тањлили њамаљонибаи барно-маи љории адабиёти тољик (Ду-шанбе, 2007) нишон медињад, ки он ба таљдиди назари љиддї ниёз дорад. Ба назар чунин мерасад, ки ин барнома аз рўйи принсипи “њар чї ќадар адиб бисёр бошад, њамон ќадар бењтар аст” мураттаб гарди-дааст. Аз љумла, дар синфњои 5-11 ба таври умум омўзиши њаёт ва фаъолияти 127 (!) адиб дар назар дошта шудааст, ки он аз барномаи таълими адабиёт дар факултетњои филологї низ бештар аст. Гузашта аз ин, эљодиёти 29 адиб такроран дар синфњои гуногун љой дода шу-дааст. Аз тањлили барнома метавон ба хулосае омад, ки мо ба бачагон на шеъру адаб, ё худ, адабиётдўстї, балки як навъ таърихи адабиёт ва адабиётшиносиро пешнињод кар-даем, ки омўзиши он аслан ба мута-хассисони соња тааллуќ дорад. Ма-води назариявии пешнињодшуда низ бе назардошти хусусиятњои синнусолї пешнињод шуда, соатњои таълимии онњо низ мувофиќи мат-лаб нестанд. Аз љумла, дар синфи 5 барои

омўзиши 21 адиб (њам аз адабиё-ти классикї ва њам аз адабиёти муосир) 57 соат људо шудааст (ба њисоби миёна барои њар як адиб 2,7 соати таълимї). 10 нафари ин ади-бон дар синфњои дигар низ такро-ран омўхта мешаванд. Њамаи ин баёнгари он аст, ки мавзўъњо сатњї омўхта мешаванд. Маќсади ба барномаи таълим ворид намудани баъзе адибон, аз љумла, Абдуллоњи Ансорї, Низомулмулк, Варовинї Саъдуддин, Абулфайзи Майбадї, Фахруддини Розї равшан нест. Ин адибонро, њатто, дар доираи муњаќќиќони соњаи адабиёт на њама мешиносанд. Дар мавриди љой до-дани адибони муосир дар ин синф низ саволњо зиёданд. Масалан, оё метавон дар як соати таълимї рољеъ ба романи “Вафо”-и Фотењ Ниёзї, ё худ, достонњои “Панљи ноором” ва “Ленин дар Помир”-и Мирсаид Миршакар суњбат кард? Омўзиши “Ленин дар Помир” бењтар аст, ё дигар ашъори шоир? Гузориши масъалањои наза-

рияи адабиёт ва жанрњои адабї низ тањрирталаб аст. Масалан, дар дои-раи омўзиши мавзўи Абўабдуллоњи Рўдакї (њамагї 5 соат) омўзиши вазнњои шеър, бањрњои њазаљ, рамал, раљаз, мутаќориб, мута-дорик, музореъ, хафиф, муљтасс ва мунсарењ пешнињод шудааст. Мо аминем, ки донишљўйи фа-култаи филология наметавонад ин мавзўъњоро дар чунин ваќти кам аз худ кунад, оё аз рўйи адо-лат аст, ки аз кўдаки 12-сола ин њамаро талаб кунем? Ё худ, барои омўзиши мавзўи “Зарбулмасал ва маќолњо” 1 соат људо шуда, дар ин муддат тањлили тавсифи илму до-ниш, дўстї, баробарї, эњтироми падару модар, мазаммати нодонї, бефаросатї, бењаёї, фиребу такаб-бур, танќиди замона, муфтхўрї дар зарбулмасалу маќолњо дар назар дошта шудааст. Оё њамаи ин дар як соат имкон дорад? Дар синфи 6 омўзиши 18 адиб

дар назар дошта шудааст, ки 9 на-фари онњо дар синфњои дигар та-кроран омўхта мешаванд. Гузашта аз ин, маќсади ба барномаи таълим ворид намудани баъзе адибон, аз љумла, Зиёвуддини Нахшабї, Но-зими Њиравї равшан нест. Тарзи гузориши мавзўъњо низ

хеле сатњї ба назар мерсад. Маса-лан, дар синфи 7 омўзиши 20 адиб дар назар дошта шуда, 8 нафари онњо намояндагони адабиёти садаи бистум мебошанд. Маводи таълимї аз њар шоиру нависанда бе тањлил пешнињод шудааст. Аз љумла, зим-ни таълими мавзўи Љалолуддини Балхї пас аз маълумоти мухтасар дар бораи шоир њикоятњои “Бо-заргон ва тўтї”, “Марди аблањ ва хирс” ва “Табиб ва бемор” пайи њам дар њаљми 18 (!) сањифа оварда шудаанд. Њикояти якум аз 94 байт иборат буда, рољеъ ба он, њатто, ягон саволу супориш њам оварда нашудааст. Танњо барои њикояти дуюм дар охир чор савол гузошта шудааст. Рољеъ ба њикояти сеюм низ саволу супорише нест. Дар њикояти дуюм таќрибан 40 калима дар повараќ шарњ дода шудаанд ва ба њамин миќдор (шояд бештар) ба шарњу тавзењ ниёз доранд, аксари ин калимањо имрўз дар истеъмол нестанд. Пас аз ин се њикоят дар њаљми 10 (!) сањифа “Андарзњои Мавлавї” бе ягон шарњу тафсилот оварда шудаанд. Мавзўи андарзњо хеле гуногун буда, гурўњбандї на-шудаанд. Чунин тарзи пешнињоди мавод шавќу њаваси хонандаро ба адабиётдўстиву шеърдўстї коста мегардонад. Ин достонњо комилан рамзї буда, шоири ориф тавассути онњо андешањои ирфониашро баён намудааст, ки дарки онњо на танњо барои хонандаи синфи 7, балки барои омўзгорон низ гаронї меку-над. Аз сўйи дигар, ин достонњоро метавон дар шакли наср, бо овар-дани порчањои муносиби шеърї аз матни достон ба хонанда пешнињод кард, чунончи, устод Улуѓзода достонњои “Шоњнома”-ро ба њамин сурат ба хонандагони синни калони мактабї пешнињод кардааст. Њол он ки забони “Шоњнома” нисбат ба “Маснавии маънавї” ба маро-тиб осонтар аст. “Достони Бурон-духт” аз “Доробнома”, њикоятњо аз “Чањор маќола”-и Низомии Арўзї, “Силсилат-уз-зањаб” ва “Нафањот-ул-унс”-и Љомї, “Анвори Суњайлї” ва “Ахлоќи Муњсинї”- Њусайни Воиз ва “Дастур-ул-мулук”-и Самандархољаи Тирмизї низ на ба соати људошуда ва на ба синну соли хонанда мувофиќат мекунанд. Калимоти душворфањм, ки њатто барои хонандагони синни кало-ни мактабї гаронї мекунад, дар навиштањои худи мураттибони ин китоб ба назар мерасад.Шуруъ аз синфи 8 омўзиши ада-

биёт ба тариќи хронологї ба роњ монда шудааст. Дар ин синфњо ада-биёт ба тариќи даврабандї тањлил гардида, аз њар давру замон чанд намоянда барои омўзиш пешнињод мегарданд. Њамзамон, бо омўзиши осори адибон (аз асри дањум то даврони истиќлолият) рољеъ ба санъатњои шеърї ва жанрњои адабї низ маълумот дода мешавад. Дар ин синфњо омўзиши эљодиёти баъ-зе адибони классикї ва муосир такроран ба роњ монда шудааст. Албатта, он чї дар синфњои поёнї (5-7) аз эљодиёти он адибон омўхта шуда буд, такрор намеёбад, бал-ки асарњои дигари онњо мавриди омўзишу тањлил ќарор мегирад. Мушкилие, ки ин љо ба миён меояд, он аст, ки аксари маводи пештар омўхташуда ба гумон аст, ки дар хотири бачагон то њол боќї монда бошад. Як масъалаи љиддие, ки лозим

ба ёдоварист, он аст, ки осори адибони садаи бистум ва даврони истиќлолият дар синфи 11 омўхта мешавад. Аммо тавре њамагон ме-донанд, тањсил дар синфњои 10-11 њатмї нест ва таќрибан нисфи бача-гони синну соли мувофиќ аз тањсил берун мемонанд. Њамаи онњо аз осо-ри гаронбањои адибони шинохта, мисли устод С. Айнї, С. Улуѓзода, М. Турсунзода, Л. Шералї, Б. Собир ва дигар адибони муосир бебањра мемонанд. “Ёддоштњо” ва дигар осори С. Айнї бењтарин сарчашмаест, ки хонандагонро бо риёкориву муфтхўрии муллоњои Ќуръонфурўш ошно месозад. Ба андешаи мо, агар бачагон то хат-ми синфи 7 аз ин осори гаронбањои

адибони муосир бањра бигиранд, метавонанд исломи покро аз равияњои ифротгаро фарќ кунанд ва фирефтаи онњо нашаванд. Таълими масъалањои назарияи

адабиёт низ дар ин синфњо бењбудї металабад. Дар ин ќисмат ду масъ-алаи муњим њаст: 1. Кадоме аз ин масъалањои назариявї дар њаќиќат бояд барои хонандаи мактаби миё-на пешнињод шавад; 2. Дар кадом синф ва баъд аз кадом мавзўъ. Ба таври намуна, дар барно-

маи таълимї (соли 2007) барои синфи 5 омўхтани вазни шеър ва навъњои он, вазни њиљо, вазни арўз, навъњои солим ва фаръии бањри арўз, бањрњои њазаљ, рамал, раљаз, мутаќориб, мутадорик,музореъ, ха-фиф, муљтас ва мунсарењ дар муд-дати 1 соат пешнињод шудааст, ки комилан ѓайриимкон аст. Оё хонан-даи синфи панљ њамаи анвои вазни арўзро метавонад аз худ кунад, он њам дар тўли як соати таълимї? Дар факултаи филологияи тољики ДМТ барои омўзиши вазни арўз 72 соат људо шудааст. Он њам баъд аз итмоми дарс аз 100 нафар донишљў, танњо 5-6 нафар вазни шеърро ёфта метавонанду бас. Пас мактаббачаи синфи 7 ин њамаро чї тавр аз худ кунад? Њељ зарурате надорад, ки хонандаи мактаб аз поэтика пурра бохабар бошад. Кофист, ки њиљои кўтоњу дароз ва ќофияву радиф-ро донад. Ин имкон медињад, ки мавзунї ва ё номавзунии шеърро дарк намояд.Оё шарт аст, ки хонандагони

мактаби миёна бо њамаи санъатњои бадеї, аз љумла, таљоњули ориф, талмењ, тарсеъ, бароати истењлол, њарфи равї ва ќофияи муќайяду мутлаќ ва ѓайра ошно бошанд? Шарњи насри мусаљљаъ дар доираи мавзўи Саъдии Шерозї омада-аст, ки комилан дуруст аст, зеро “Гулистон”-и Саъдї аз бењтарин намунањои насри мусаљљаъ аст. Аммо шарњи драма дар доираи таълими мавзўи Лоиќ Шералї ома-дааст, ё худ, романтизм дар доираи таълими мавзўи Њабиб Юсуфї омадааст. Магар ин шоирон асос-гузорони ин жанрњои адабиянд?

Њадафи асосии таълими адабиёт ташаккули одоби њамида, мањорати сухангўї ва ошної бо бузургтарин намояндагони адабиёти гузаштаву имрўз аст. Аз ин рў, аввалин коре, ки бояд анљом дињем, он аст, ки миќдори адибоне, ки лоиќи љой додан дар барномаи таълим мебо-шанд, ба маротиб коњиш дињем. Ба андешаи мо,бењтар аст, ки таълими адабиёт дар синфњо ба тариќи зайл ба роњ монда шавад:

1. Синфњои 5-7 – таълими эљодиёти дањонакии халќ, афсонањо, таронањо, латифањо, зарбулмасалу маќолњо, наќлу ривоятњо, дубайти-ву рубоиёт. Таълими мавзўии ада-биёт: Ватан ва ватандўстї, таран-нуми дўстї ва бародарї, эњтироми

падару модар ва бузургсолон, њифзи Ватан, илму дониш, њунар ва њунармандї, ростї ва росткорї, мењнат ва мењнатдўстї, хушбахтї ва омилњои он, ишќи пок, кўмак ба ниёзмандон, бузургии инсон, њаёти солим, бунёдкорї ва ободонї. Ма-заммати дурўѓ ва дурўѓгўйї, мастї ва шароб, бухлу њасад, душманї, ѓайбат, риёкорї ва ѓайра. Барои њар як мавзўъ аз эљодиёти халќ ва бузургтарин намояндагони ада-биёт - њам классикї ва њам муосир намунањо оварда шуда, љињатњои гуногуни њар мавзўъ шарњ дода ме-шаванд. Њадафи асосии таълим дар ин синфњо ба бачагон ёд додани суханварї, суњбати озод дар мавзўи дилхоњ, изњори андеша ва аќидаи шахсї, њамчунин ташаккули одоби њамида, њисси њаќиќии ватандўстї ва шахсияти комили љомеа аст. Њикоятњо аз осори бузургони гу-зашта дар мавридњои зарурї му-фассал шарњу тавзењ ёфта, ё худ ба забони муосир мутобиќ гардонида мешаванд.

2. Шуруъ аз синфи 8 мета-вон омўзиши адабиётро ба таври хронологї ба роњ монд, яъне, аз адабиёти бостони форсу тољик оѓоз кард. Дар омўзиши адабиёти асрњои миёна бояд соати бештар барои адабиёти классикї људо кард. Дар интихоби адибони клас-сик низ бояд чењрањои маъруф ва ашъори зубдаи онњоро интихоб ша-ванд. Масалан, ваќте “Шоњнома”-и Фирдавсї омўхта мешаванд, дигар ниёзе ба омўхтани “Гаршоспнома”-ву “Искандарнома”-њо намемонад.Ва ё аз адабиёти ирфонї метавон танњо осори Мавлоно Љалолуддини Балхиро интихоб кард, зеро осори ин бузургмард љавобгўйи кулли адабиёти ирфонист.

3. Дар интихоби адибони замони Шўравї низ бояд њунари суханварї ва хидмат эшон ба миллат ба мадди аввал гузошта шавад. Аз баъзе осо-ри суханварони ин ањд, ки дархури замони муосир нестанд, бояд сарфи назар кард. Гузориши тарљумаи њоли адибони муосир, ки дар ќайди њаётанд, мувофиќи маќсад нест. Хуб мебуд, ки дар синфи 11 баъд аз

чењрањои маъруфи адабиёти садаи гузашта, чун устод Айнї, Лоњутї, Пайрав,Турсунзода, Улуѓзода, Икромї, Ф, Муњаммадиев омўзиши адабиёти замони Истиќлол чунин ба роњ монда шавад: Тањаввули шеър дар замони Истиќлол, рушди наср дар замони Истиќлол, ада-биёти атфол дар замони Истиќлол, драматургия дар замони Истиќлол ва ѓайра. Њангоми шарњи ин мавзўъњо бояд бењтарин намунаи ашъору осори адибони ин давра, ки устодона эљод шуда, хонандаро дар руњияи худшиносиву ватанпарастї, арљ нињодан ба арзишњои миллї, ахлоќи њамида ва амсоли инњо тарбият мекунанд, интихоб карда шаванд. Дар интихоби эљодиёти адибони замони муосир бояд њунар дар мадди аввал бошад, на син-ну солу љоизањову унвонњо. Бори дигар таъкид мешавад, овардани тарљумаи њоли адибоне, ки дар ќайди њаётанд, њељ зарурате надо-рад, зеро одамї аз иштибоњ эмин нест.

4. Дар на синфњои 8-11 бача-гон бо марњилањои асосии рушди адабиёт, муњимтарин намоянда-гони ин давра ва осори онњо ба таври пурраву мукаммал ошно мешаванд. Дар ин синфњо осори барљастатарин адибони гузашта-ву муосир мавриди омўзиш ќарор мегиранд. Њамчунин, дар ин чањор сол хонандагон бо муњимтарин жанрњои адабї ва санъатњои бадеї ошної пайдо мекунанд. Синну сол ва сатњи дониши онњо имкон медињад, ки хусусиятњои забони классикї ва асрори суханро дарк кунанд. Дар ин давра њамчунин мањорати эљодї, навиштани иншо, аз љумла, дар мавзўи озод, њусни баён, тозагии забон ва мањорати суханварї низ аз мавзўъњои таъ-лимии адабиёт хоњанд буд. Чунин тарзи таълим имкон медињад, ки хонандагон курси пурраи адабиёти тољикиро омўзанд.

Имрўз, ки мо Стандарти фанни адабиётро навишта истодаем, бояд ин масъалањоро ба назар гирем. Бар-номаи таълими адабиёти тољик дар синфњои 5-11 (Душанбе, 2007), ки имрўз мавриди истифода аст, дарху-ри замон нест. Дар назар аст, ки Бар-номаи нави таълими адабиёти тољик барои синфњои 5-11 бо назардошти мулоњизаи боло аз љониби кормандо-ни Пажўњишгоњи рушди маориф ба зудї тањия гардида, дар доираи васеи муаллифону мутахассисон ва адибон баррасї ва муњокима шавад. Баъди тасдиќи Стандарти фанни адабиёт ва барнома дар мушовараи Вазора-ти маорифи Љумњурии Тољикистон дар заминаи он китобњои нави дарсї ва дастурњои методї таълиф хоњанд шуд.Биноан аз шумо, адабиётши-

носон, устодони адабиёти тољик, омўзгорон забон ва адабиёти тољики мактабњои тањсилоти миёна умумї ва њама онњое, ки ба мак-табу маорифи миллат бетафовут нестанд, эњтиромона хоњиш мена-моем, ки ба хотири чандандешї ва боз њам мукаммалу дархури замон гардидани Барномаи адабиёти тољик фикру мулоњизоти хешро ба нишонии рўзномаи “Омўзгор” ва Пажўњишгоњи рушди маориф (хиё-бони Айнї, 45,( isrofilniyo@ mail.ru) ирсол намоед.

Бо эњтиром,Н.С. САИДОВ,

вазири маорифи Љумњурии Тољикистон

Ш.ИСРОФИЛНИЁ,директори Пажўњишгоњи

рушди маорифи АТТ, Б. ШАРИФОВ,

декани факултаи филологияи тољики ДДОТ ба номи С. Айнї

МУЛОЊИЗА ЗАРУРАТИ ТАЉДИДИ НАЗАР - БА БАРНОМАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОЉИК БАРОИ СИНФЊОИ V-XI

Тањлили њамаљонибаи барно-

дафакразвољузи

хеладаонбиазпениБа

Page 4: Omuzgor #24 сайт 2013

№ 24 14-уми июни соли 20134 ОМЎЗГОР МАКТАБИ ОЛЇ

-Чун гузаронидани маљлиси падару модарон ба манфиати кор мебошад, раёсати донишгоњ низ барои тамоми факултетњо наќшаи махсуси баргузории љаласаи падару модаронро тар-тиб додааст, ки дар асоси он дар њар семоња вохўрии падару мода-рон баргузор мегардад,-мегўяд Љ.Рањмонова.-Ѓайр аз ин, дар факултетњо шўрои падару мода-рон амал мекунад, ки аз њисоби волидон як нафар раисии ин шўроро ба ўњда дорад. Курато-рон низ бо волидайни донишљўён иртиботи доимии худро доранд. Устоди факултети журна-

листикаи донишгоњи мазкур Дўстмурод Бобоев бар он назар аст, ки пас аз соњиби шањодатнома гардидани шањрванд љавобгўи рафтору кирдораш худи ўст, на волидонаш.

-Ба андешаи ман, дар мактабњои олї гузаронидани маљлиси падару модарон умуман маъно надорад. Зеро куратор њаст, ки њар њафта дарси тарбиявї мегузарад ва ва-зифаи ў дар ин дарс таълим додан нест, балки ба донишљўён ќоидањои одитаринро фањмондан аст. Дар су-рати ба амалњои ношоиставу ѓайр даст задани донишљў худи куратор ва њатто, декан ё дигар роњбарони муассисаро низ гунањкор кардан лозим нест, зеро вай шањрванди комилњуќуќи Тољикистон аст, ки дар ин муассиса тањсил дораду соњиби шањодатнома аст,-мегўяд

Д.Бобоев.Љамила Исломова,

муовини ректор оид ба тарбияи ДДОТ ба номи С.Айнї, зимни суњбат зикр намуд, ки ба тав-ри доимї роњандозї на-мудани маљлиси падару модарон дар донишгоњу донишкадањо зарурати бештаре дорад. Мавсуф ќайд мекунад, ки дар Донишгоњи омўзгорї да-стурамале њаст, ки дар асоси он рўзњои шанбе рўзи волидайн эълон шудааст ва дар ин рўз волидони донишљўён ба донишгоњ омада, аз њолу ањволи фарзандон бохабар мешаванд.

-Аз замоне ки ин тартиботро љорї намудем, њам дар самти таълим ва њам дар самти тарбия пешравї дида мешавад. Баргу-зории маљлиси падару модарон ба худи донишљўён низ таъсир расонида тавонист: бенизомиву ќоидавайронкунї ќариб аз байн рафт. Зеро донишљў медонад, ки агар чунин рафтор кунад, њатман падару модари вай њангоми маљлис аз ин рафтори фарзандаш бохабар мешавад,-мегўяд ў.-Худи падару модарон низ ин иќдомро

дастгирї карданд ва дар вохўрии аввал таклиф карданд, ки сари њар чанд ваќт ин гуна маљлисњо баргузор карда шавад. Донишљўи соли дуюми Дониш-

кадаи исломии Тољикистон ба номи Имоми Аъзам Бурњониддин Муњтољов бар он бовар аст, ки баргузории чунин љаласа зарурат надорад, зеро инсоният то синни њаждањсолагї дар оила тарбият меёбад ва чун мустаќил гашт, љавобгар ба рафтору кирдору гуфтораш худи ўст.

- Агар падару модар дар ра-ванди тањсил аз кору рафтори фарзанд бохабар бошанд, хуб аст. Баъзе нафарон намехоњанд волидайн аз рафти тањсили онњо бохабар бошанд, баъзеи ди-гар, баръакс хурсанд мешаванд. Њамчунин, масъалаи дигар ин ки фарзанд дар кадом донишгоњ тањсил мекунад. Масалан, падару модарони мо умеди нек доранд, ки фарзандонашон дар Дониш-кадаи исломї тањсил доранду дар он таълими Ќуръон ва ањодиси набавї хонда мешавад. Чун таъ-лим рўњияи динї дорад, ин худ ба љавонон то як андоза таъсир мерасонад,-мегўяд Б.Муњтољов.

Муњаќќиќи љавон Азизбек Мавлонов вобаста ба суоли матрањ ќайд мекунад, ки таш-кил ва баргузории маљлиси падару модарон иќдомест, ки њамдигарфањмии байни волидай-ну устодонро мустањкам меку-над. Мутаассифона, солњои охир ба назар мерасад, ки бо сабаби набудани робитаи волидайн бо мудирияти донишгоњњо бисёр њам амалњои ношоиста ба зуњур меояд. Аз ин рў, барои эътимод пайдо кардани халќ ба маориф,

аз љумла, низоми таълим дар донишгоњњо, њатман ин чиз зарурат дорад. Ба таври умум, донишљў ба тарбия ниёз дорад.

-Аз нигоњи психологї, дар як соли хониш се-чор маротиба ташкил намуда-ни вохўрии падару мода-рон манфиатовар аст. Зеро волидайн метавонанд бо устодон, раванди таълим ва рафтору кирдори фар-зандони худ шинос ша-ванд. Њамчунин, омадани

падару модар ба донишгоњ ба худи донишљў низ таъсир мерасонад. Чизи дигар ин, ки мустаќилият ва масъулиятро эњсос кардану ба ќадри ваќт расидан дар љавонони мо хеле коста ва хароб аст. Аз ин нигоњ, дар шуури фарзанд љой кардани он ки ин чиз зарур асту ваќташ бењуда сарф шуда истода-аст, зарурат дорад,-мегўяд номза-ди илмњои психологї Мирзоалї Алиев.Ба андешаи С.Самадов, сарму-

тахассиси раёсати тањсилоти олии касбї ва баъдидипломии ВМ ЉТ, бо падару модари донишљў дар тамос будани куратор, муовини декан оид ба тарбия, муовини

ректор оид ба тарбия хеле хуб аст, аммо бо назардошти он, ки имрўз волидайни донишљўён дар минтаќањои гуногуни љумњурї иќомат мекунанд, даъват кар-дани онњо якчанд мушкилро ба вуљуд меорад. Ба ин мушкилот нигоњ накарда, ташкил намуда-ни маљлиси падару модарон дар як сол ду маротиба, яъне баъди љамъбасти нимсолаи аввалу ним-солаи дуввум ба маќсад мувофиќ аст. Бигзор волидайни донишљўёне,

ки бо бањои хубу аъло мехонанд, даъват нашаванд, аммо даъва-ти волидонеро, ки фарзандона-шон бо бањои ќаноатбахш ва ё ѓайриќаноатбахш тањсил меку-нанд, зарур мешуморем. Зеро ак-сар ваќт мебинем, ки донишљўро барои ягон рафтори нољо ва ё тањсилаш хориљ мекунанду пада-ру модарон огоњ нест. Аз ин рў, даъват намудан ва огоњ шудани онон аз рафти тањсили фарзандон хуб аст,-мегўяд С.Самадов.Агар ба њаводиси сиёсї ва

иљтимоии кишвар назар андозем, бараъло мушоњида мекунем, ки њељ як амали рухдода бе иштиро-ки љавонон, хусусан, донишљўён сурат намегирад. Аз ин рў, дар такя ба гуфтаи њамсуњбатон ба хулосае омадан мумкин аст, ки донишљўи имрўза ба тарбия ва на-зорат ниёз дорад, ки яке аз роњњои муваффаќ шудан ба ин ањдоф ин баргузории маљлиси падару мо-дарон дар муассисањои олї аст. Пас, ин иќдом чї гуна роњандозї мешавад, аз масъу-лияти роњбарияти мактабњои олї воба-ста аст.Эњсони ХУШБАХТ,

«Омўзгор»

ДОНИШЉЎ БА ТАРБИЯ НИЁЗ ДОРАД?Мулоњизањо перомуни баргузории маљлиси падару модарон дар донишгоњу донишкадањо

-Чун гузаронидани маљлиси

авњаба

каноМбанањамљагу

АНДЕША

Сиёсати давлати Тољикистон дар соњаи маориф, пеш аз њама, ба боло-равии сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дар бо-зори мењнат раќобатпазир, воридшавї ба фазои ягонаи тањсилоти љањон раво-на шудааст. Инак, 10 сол мешавад, ки бо назардошти зарурати воридшавї ба фазои ягонаи тањсилоти љањонї тибќи фармони вазири маорифи Љумњурии Тољикистон аз 22.09.2004 тањти №698 Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон њамчун донишгоњи таљрибавї барои омодагї ва татбиќи низоми кредитии тањсилот дар љараёни тањсил ќарор дорад.Дар воќеъ, љањон озмоишгоњи аќлу та-

вон, майдони мубориза аст. Давлатњои љањон бе иртиботу њамкорї, бе дастги-рии њамдигар наметавонад рушд намо-яд. Дар ин маврид дар Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон басе хуб таъкид шудааст: «Рў овардан ба технологияњои иттилоотиву коммуникатсионї ва татбиќи њар чї васеи онњо дар љомеа яке аз ниёзмандињои дигари замони љањонишавї ба шумор меравад. Аз ин рў, истифодаи технологияњои иттилоо-тиву коммуникатсионї дар самтњои мухталифи њаёти љомеа… аз масъалањои муњими замони муосир мебошад».Дар давраи 10 соли охир

заминањои моддї-техникї ва потен-сиали илмї -омўзгории ДДТТ хеле пурќувват гардид, ки ин барои ноил шудан ба маќсадњои пешгузошта ба пуррагї мусоидат мекунад. Аксари синфхонањои донишгоњ бо техникаи муосири иттилоотї – коммуникат-сионии таълимї муљањњаз гардонида шудаанд. Дар раванди таълим усто-дон ва донишљўён аз синфхонањои замонавии компютерї ва лингофонї, ки барои аз худ кардани донишњои байналмилалии иќтисодї, техникї

равона шудаанд, фаровон истифода мебаранд.Дар вохўрии худ бо донишљўёни мо

Љаноби Олї Эмомалї Рањмон гуфта буд: «Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон бо татбиќи низоми кре-дитии тањсилот дар Тољикистон ба як ќатор дастовардњо ноил шуда ис-тодааст. Дар давоми панљ соли охир дар донишгоњи мазкур дигаргунињои куллї ба миён омадаанд. Аз љумла, робитаи донишгоњ бо муассисањои таълимии хориљї вусъат ёфта, зами-наи моддию техникии он хеле бењтар шудааст».Барои мисол, агар соли 2003

донишгоњ дар ихтиёри худ 95 ком-пютер дошта бошад, имрўз теъдоди он ба 445 расидааст. Аз ин миќдор компютерњои замонавї 310-тои он дар љараёни таълим бевосита истифода бурда мешаванд ва 285 адади он ба ша-бакаи интернет пайваст мебошад. Дар муќоиса нисбат ба соли 2003 истифода аз компютерњои замонавї 5 маротиба, истифодаи пайваст бо шабакаи интер-нет бошад, 14 маротиба зиёд гардид. Имрўз бошад, дар толорњои лексионї устодон аз тахтањои электронї бе мо-неа ва маќсаднок истифода мебаранд. Имрўз, ки мо дар замони техно-

логия зиндагї мекунем, бояд бо ис-тифода аз имконоти мављуда њама воситањоро љињати аз худ кардани ин «муъљизаи аср» ба кор барем. Дар акси њол, њамќадами замон ва љомеаи башарї шуда наметавонем. Айни за-мон, бо дилпурї гуфтан мумкин аст, ки Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон бењтарин имконият барои хоњишмандони омўзиши технологияи љадид ба њисоб меравад.

Њ. ЃУЛОМОВА,Њ.НАБИЕВ,

мутахассисони департаментитаълими ДДТТ

ТАЉРИБА ЊАМОИШ

ТЕХНОЛОГИЯ ВА ЗАМОН

Њадаф аз баргузории конфронс мубодилаи натиљањои афкор, муайян намудани масъалањои њалталаби самтњои рушди саноа-ти сабуки љумњурї ва таљрибаи амалї, натиљагирї аз тадќиќотњо дар ин раванд мебошад.Иштирокдорон ба мањсули

дастранљи љомеаи устодону шо-гирдони донишкада, корхонањои «Љавонї», «САТН», «Нику Хуљанд» ва «Муњайё» ошно гарди-да, ба њунару малакаи њунармандон бањои баланд доданд.Чорабиниро муовини ди-

ректор оид ба таълим, номзади илмњои техникї Тошмањмад Хол-матов оѓоз бахшида, ќайд кард, ки донишкада солњои охир макони баргузории чандин конфронсњои љумњуриявї гардида, дар њалли мушкиливу муаммоњои соњаи иќтисодии кишвар наќши муфид гузоштааст. Чорабинии имрўза низ идомаи мантиќии дигар чорабинињои илмї - амалии до-нишкада мањсуб мешавад.

Мубинљон Ќаюмов доир ба фаъолияти саноати сабук дар ви-лоят сухан гуфта, афзуд, ки солњои охир таваљљуњ ба соњаи мазкур хеле афзуда, ифтитоњи корхонањои ресандагї дар ноњияњои Масчоњ ва Спитамен, љўроббарорї дар ноњияи Зафаробод далели гуфтањои болоанд. Мавсуф аз но-расоии кадрњо дар соња изњори нигаронї намуда, баён дошт, ки соња ба таљдиди љиддї ниёз дорад, зеро мањсулоти истењсолнамудаи

баъзе аз корхонањо бо назардошти бозоргир набудан дар анборњо хо-бидаанд. Ин аз он дарак медињад, ки мо бояд мањсулотеро истењсол намоем, то аз лињози сифат љавобгў ба стандартњои љањонї бошад. Муовини директор оид ба

илм ва инноватсия, доктори илмњои техникї Дилрабо Ман-сурова дар мавзўи «Маќсад ва вазифањои Донишкадаи поли-техникии Донишгоњи техникии Тољикистон барои рушди саноати сабук» маърўза карда, баён дошт, ки гусастани риштањои иќтисодї дар давраи гузариш ба иќтисоди бозоргонї ба он оварда расонд, ки соњаи саноати сабук дар кишвар рў ба таназзул нињад. Мањсулоти ни-ёзи мардум асосан аз љумњурињои њамсоя амсоли Чин, Ќазоќистон ва Туркия ворид мешавад. Ба хо-тири бењдошти вазъ Њукумати љумњурї барои рушди соњибкории хурду миёна диќќати њамаљониба дода, соњаи хољагии ќишлоќ, ки асосан мањсулоти хом аз он љо во-рид мешавад, рў ба рушд овард. Номбурда дар идомаи гузоришаш оид ба мушкилоти соња, ба мо-нанди бозоргир набудан ва паст будани мањсулоти истењсолї, паст будани сатњи истењсолот сухан ронда, роњњои баланд бардош-тани соњаро дар омода кардани кадрњои болаёќат арзёбї намуд.Ёрдамчии директори корхо-

наи «САТН» Нигина Холова дар бораи фаъолияти корхона

њарф зада. вай гуфт, ки коргоњ аз љумлаи ташкилотњоест, ки пурра бо мањсулоти пахтагии ватанї кор бурда, дар рушди саноати са-буки кишвар сањми калон дорад. Мањсулоти истењсолшудаи мо аз љињати сатњ ва сифат љавобгў ба стандартњои љањонї буда, асосан харидораш кишварњои аврупої мебошанд. Корхона соли 2000-ум ба фаъолият оѓоз карда, бо

технологияи навтарин кор меба-рад. Мушкилї дар он аст, ки мо бояд кадрњои мањаллиро тарбия кунем ва ба мардум расонем, ки мањсулоти пахтагин барои онњо афзалтар аст.

Номзади илмњои техникї, сар-дори Маркази тестии донишкада Дилафрўз Сангинова дар мавзўи «Коркарди маљмўаи беалоќаи ченкунии тани одам» маърўза кард. Бино ба иттилои ў кафедраи «Технология ва тарњрезии маснуо-ти саноати сабук» се сол инљониб бо Донишгоњи давлатии тарроњї ва технологии шањри Маскав дар самти коркарди мустаќими маљмўаи беалоќаи ченкунии тани одам њамкории мутаќобила до-шта, ин њадафро дар кишвар љорї карданист. Маљмўаи мазкур аз барномаи махсуси тарњрезї шуда иборат буда, дар он асбоби мах-суси профессиооналї ва асбоби суратгирии касбї љињозонида шу-дааст. Асбоби мазкур имконият медињад, ки ченкунии тани инсон њангоми дўхтани ин ё он либос аз се тараф бо модели 3Д гузаро-нида шавад. Коркарди мо барои бењтар шудани дўхти либос барои занон, мардон ва бачагон имкон фароњам оварда, аз лињози сифат бењтар аст.

Конфронс бо баргузории мизи гирд дар мавзўи «Интегратсияи њунарњои миллї ба сохтори саноа-ти сабук» кори худро анљом дод.

Нуъмон РАЉАБЗОД

РУШДИ САНОАТИ САБУК-ТАЌОЗОИ АЙЁМ

Page 5: Omuzgor #24 сайт 2013

№ 24 14-уми июни соли 2013 5ОМЎЗГОР МАВЗЎИ РЎЗ

(Ана, њамин миќдор, балки аз ин зиёдтар истироњатгоњ имсол бояд кўдаконро фаро гиранд).Чун анъана имсол њам пеш

аз саршавии фароѓати кўдакон дар истироњатгоњи «Чайка»-и Кумитаи иттифоќњои касабаи маориф ва илми љумњурї семи-нари љумњуриявии дастурдињї ва машваратї- методї бо му-тасаддиёни истироњатгоњњои фароѓатї- таълимии тобисто-наи кўдакон ва наврасон бар-гузор гардид. Чорабинї бо иб-тикори Маркази љумњуриявии муассисањои тањсилоти иловагї оѓоз ёфт.Дар семинар мудири шуъбаи

мактаб-интернатњои Вазорати маорифи љумњурї Љалолиддин Амиров, муовини раиси Феде-ратсияи иттифоќњои касабаи љумњурї Бахтиёр Абдуллоев, раиси Кумитаи иттифоќњои ка-сабаи маориф ва илми љумњурї Абдурозиќ Ризоев, намоянда-гони Вазорати корњои дохилї (Д.Мансуров), Хадамоти дав-латии назорати санитарї-эпидемологї (Х.Алиљонов) иштирок доштанд. Муовини ди-ректори Маркази љумњуриявии муассисањои тањсилоти иловагї Майрамбї Ќурбонова баъ-ди сухани ифтитоњї суханро ба Љ.Амиров дод. Љ.Амиров аз зарурати баргузории чунин чорабинињо, таваљљуњ ба фаъо-лияти истироњатгоњњо ва дигар пањлуњои зарури ин самт њарф зада, мавќеи Њукумати Љумњурии Тољикистонро бо тасвиби ќарори махсус зикр кард.

-Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таш-кили истироњати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2013» роњбарияти тамоми шањру вилоятњоро муваззаф мегардо-над, ки дар ин масъала масъулия-ти љиддї эњсос намоянд, - изњор намуд ў. – Мутаассифона, то њанўз ба ин масъала дар бисёре аз шањру вилоятњои мамлакат аз пушти панља менигаранд. Ма-салан, соли гузашта мо шоњид будем, ки дар моњи Рамазон дар вилоятњои Суѓду Хатлон бисёр истироњатгоњњо фаъолият на-мекарданд. Дар њоле ки дар як ноњия наздики 2 њазор хонанда њаст, њамагї барои 200 нафар истироњатгоњ фаъолият мекунад. Њол он ки роњбарияти

мактабњо дар шароити имрўза ме-тавонанд мавриди маблаѓгузории сарикасї њадафмандона исти-фода баранд. Яъне, дар тањияи бюљети мактаб бояд ин нуктаро ба назар гиранд. Изњори нигаронї шуд, ки то

имрўз фурўхтани истироњатгоњњо дар љумњурї ба чашм мерасад. Аз љумла, соли гузашта дар вилоя-ти Суѓд ду истироњатгоњи калон фурўхта шуд. Дар њоле ки тамо-ми маќомот бояд дар амалї шу-дани ќарори Њукумат масъулият дошта бошанд, чунин муноси-бат љуз хунукназарї чизи дигаре нест.Бахтиёр Абдуллоев низ та-

моми иштирокдоронро аз номи Федератсияи иттифоќњои каса-ба ба муносибати анљоми соли тањсил ва оѓози фасли истироњат муборакбод гуфта, аз амалњои ѓайриќонунии ашхоси алоњида изњори нигаронї намуд.

-Бояд њар яки мо донем, ки ташкилу фаъолияти лагерњо, ба хусус, нигањбонии кўдакон аз лињози саломатї аз мо, корман-дони соња, вобастагии љиддї до-рад. Мудири шуъбаи ФИКМТ

С.Машидов дар бораи натиљањои фаъолияти истироњатгоњњои шањру вилоятњо дар соли 2012 ва вазифањо дар соли 2013 маърўзаи љолибе кард. Ба андешаи ў, дар соли 2012 кори хубу ба маќсад

мувофиќи як ќатор лагерњои беруназшањрии вилояти Суѓдро ќайд кардан бамаврид аст.

-Дар њамин њол, санљишњо нишон доданд, ки дар баъзе лагерњои беруназшањрї нараси-дани асбобу анљом ва лавозимо-ти ошхона, кату воситањои љои хоб, мизу курсї, љевончањо ва ди-гар камбудию норасоињо љой до-штанд, -гуфт ў.- Баъзе лагерњои дигар ба таъмири капиталї ниёз доранд. Соли љорї лагери «Уќобак»-и ЉС «Тамохуш»-и ш.Исфара бо сабаби аз тарафи маъмурияти корхона маблаѓ људо накардан фаъолият набур-дааст. Дар мавсими соли 2012

маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияњои Айнї, Зафа-робод, Спитамен, Шањристон аз њисоби буљетњои мањаллї барои истироњату солимгардонии мак-таббачагон чун соли гузашта маблаѓ људо накарданд. Чунин муносибат дар баъзе

ноњияњои вилояти Хатлон њам ба чашм мерасид. Аз љумла, маќомоти њокимияти давлатии ноњияњои Балљувон, Н.Хусрав, Во-сеъ ва Њамадонї дар мавсими им-сола барои њалли маќсадноки ин масъалаи муњими соњаи иљтимої маблаѓњои зарурї људо накарда-анд, ки ин бешубња, ба потенсиа-ли фарогирии умумиљумњуриявї таъсир мерасонад. Илова бар он, дар мавсими тобистони соли 2012 маќомоти дахлдори њокимияти давлатии ноњияњои Муъминобод, Шўрообод, Данѓара, Ќумсангир, Љ.Румї, Н.Хусрав, Бохтар ва Балљувон оид ба љараёни иљрои Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон нисбат ба истироњати тобистонаи кўдакону наврасон эътибори љиддї надодаанд. Бо сабабњои номаълум соли дуюм аст, ки лагери беруназшањрии «Сайёд» воќеъ дар шањраки Се-бистони ноњияи Данѓара фаъоли-ят надорад.Бо чунин њолатњо дар ВМКБ

њам дучор шудан мумкин аст. Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии ноњияњои Рўшон, Шуѓнон ва Ишкошим маблаѓи наќшавии пешбинишу-

даро дар њаљми 23550 сомонї барои ташкили майдончањои солимгардонї дастраси шуъбањои маорифи ноњияњои мазкур на-гардонидаанд. Аз ин рў, наќшаи ташкили майдончањои солим-гардонии номбаршуда иљро на-шудааст. Дар лагери «Зинг»-и ноњияи Ванљ њаммом ва њавзи шиноварї сохта нашудааст. Дар ин љо тайёр намудани хўрок чун соли гузашта дар њавои кушод ба роњ монда шудааст, ки ин ба та-лаботи бењдоштї-вогирї љавобгў нест. Ба кабудизоркунии гирду атрофи лагерњои беруназшањрии «Хостав»-и ноњияи Дарвозу «Зинг»-и ноњияи Ванљ таваљљуњи

хосса зоњир карда намешавад.-Мушоњида мешавад, ки

дар чунин чорабинї иштироки њатмии муовинони раисони шањр вилоятњо бояд таъмин гардад, - таъкид кард С.Машидов. – Зеро њама монеањои мављударо танњо тавассути маблаѓ њал кардан мум-кин аст, маблаѓ бошад, танњо бо

ташаббуси маќомоти њокимияти давлатї људо мегардад.Корманди Вазорати корњои

дохилї Д.Мансуров дар бо-раи таваљљуњ ба њолатњои њуќуќии кўдакон, пешги-рии њуќуќвайронкунї дар истироњатгоњњо њарф зада, таш-кили вохўрињоро бо намояндаго-ни маќомот аз тадбирњои муњим арзёбї кард. Х.Алиљонов, корманди

ХДНСЭ доир ба омодагии санитарї дар давраи истироњат андешањои худро иброз намуд. Аз љумла, таъкид кард, ки тамо-ми кўдаконе, ки ба лагерњо фаро гирифта мешаванд, бояд аз муои-наи духтур гузашта, дафтарчаи тиббї дошта бошанд.

- Дар назди истироњатгоњњо фаъолият кардани бунгоњи тиббї амри зарурист, -гуфт ў. – Назо-рат аз болои кори ошхона, тарзи хўроктайёркунї ва умуман, ѓизои кўдакон бояд дар мадди назари њамешагї ќарор дошта бошад. Баромади намояндаи Кумитаи

њолатњои фавќулодда А.Бектошов љињати њифзи кўдакон дар њолатњои фавќулодда, инчу-нин, њолати ташкили њавзњо ва мувофиќати синнусолии кўдакон ба чуќурии онњо маслињатњои муфид баён кард. Дар музо-кира кормандони МЉМТИ Ќ.Гадоев ва Ќ.Имомназаров низ дар хусуси вазъи омодагии истироњатгоњњо фикрњои худро баён карда, иштироки мудирони шуъбањои маориф ва роњбарони асосии истироњатгоњњоро муњим донистанд. Изњори таассуф шуд, ки аз миёни иштирокдо-рон он кормандони МТИ њузур доранд, ки умуман, ба фаъо-

лияти истироњатгоњњо сари кор надоранд. Дар кори амалї бо роњбарии мушовири МЭКН-и шањри Вањдат Љ.Назарова хо-нандагони мактаби раќами 1-и ноњияи Варзоб фаъолияти хуб нишон доданд. Ногуфта намонад, ки ба-

рои низоми дурусти фаъолия-ти лагерњо истифода аз дастуру тавсияњои зарурї кори хубест.

-Мутаассифона, баъзе мутахас-

сисон тавассути матбуоти соњавї тавсияњои ѓалат пешнињод меку-нанд, ки ин комилан нодуруст аст, - гуфт бо нигаронї Абдурозиќ Ризоев. – Масалан, дар маводи як корманди Пажуњишгоњи рушди маориф дар маљаллаи «Маъри-фати омўзгор» рељаи фаъолият дар истироњатгоњњо билкул хато нишон дода шудааст. (Ростї, пешнињоди чунин мавод аз тара-фи мутахассисон барои мо хур-сандиовар аст, ба шарте ки бе ѓалат бошад.-С.Ф.). Чанд сол пеш айнан дар чунин

семинар иштирок карда, радду бадали фикрњоро оварда, дар анљоми гузориш диќќат хонанда-гони њафтаномаро ба њалли масо-или зикршуда љалб карда будем. Бо таассуф, дар ин хусус боре њам садое нашуд, на аз тарафи мута-хассисон, на аз тарафи маќомоти дахлдор ва на аз тарафи масъу-лони дигари истироњатгоњњо. Мо хеле интизорем, ки дар рўзнома вазъи њама намуди истироњатгоњњо инъикос ёбад. Охир, фароѓати имрўзи кўдакон нишонгари љомеаи фориѓ аз ташвишњост. Пас, фориѓї дар фароѓати кўдакон нашояд.

Саидаи ФАЗЛ,«Омўзгор»

ТОБИСТОНИ БАЧАЊО

ФОРИЃЇ АЗ ФАРОЃАТИ КЎДАКОНЁ таваљљуњи нокифояи масъулин ба истироњатгоњњои бачагона

мувофиќи як ќатор лагерњои даро дар њаљми 23550 сомонї

Дар мактаби миёнаи №38-и ноњияи Рўдакї бо олими шинохта, педагоги маъруф, академик Файзулло Шарифзода мулоќоти хонандагону омўзгорон баргузор гардид. Хонандагони даби-стон риштаи суханро ба даст гирифта, иброз до-штанд, ки доктори илмњои педагогї, академики АТТ Ф.Шарифзода олими сермањсул буда, ба ќалами ў беш аз 200 асари илмї, 6 монографияи фундаменталї ва маќолањои бешумори илмию методї тааллуќ дорад. Њамчунин ќайд гардид, ки алњол тањти роњбарии ин пажўњишгари номї 30 нафар муњаќќиќи љавон кори илмии худро идома дода, дар рушду тањаввулоти илми педа-гогикаи тољик сањми назаррас мегузоранд. Асарњои пурмуњтавои педагоги ранљбар, амсо-

ли «Педагогика – назарияи инсонофар ва љомеаи фарњангї», «Њикмати афкори педагогї», «Педа-гогикаи умумї ва касбї», «Актуальные проблемы современной педагогики» ва ѓайра дар макотиби олї ва коллељу омўзишгоњњо дерест, ки ба сифати китоби дарсї хидмати мондагор анљом медињанд.

- Файзулло Шарифзодаро аз солњои 70-ум мешиносам, - гуфт дар баромади худ прези-денти АТТ Ирина Каримова. Ваќте бо роњхат маро ба мактаби дењаи Стаханови колхози ба номи Ленини ноњияи Ленин (њоло Рўдакї) ба кор фиристоданд, дар ин таълимгоњ 14 сол

ифои вазифа намудам. Файзулло бошад, дар мактаби зодгоњаш, дењаи Сангтўда муаллимї мекард. Мо бо ин хонадон дўстиву равобити неки инсондўстона доштему дорем. Ман бо сарбаландї мегўям, ки Ф.Шарифзода ба камина њаќќи устодї дорад ва мањз дар зери роњбарї ва њидояти эшон ман корњои илмии худро дар соњаи педагогика ба анљом расонидам.Академики илмњои педагогї Мањмадулло Лут-

фуллоев перомуни роњи тайкардаи Ф.Шарифзода муфассал њарф зада, иброз дошт, ки Файзулло Шарифзода як фарди серѓайрат буда, аз омўзгори мактаби дења то олими варзидаи илми педагоги-ка расида, дар тарбияи кадрњои болаёќати илмї њиссаи босазо гузоштааст. Асарњои бунёдии Ф.Шарифзода бо забони русї тарљума шуда, дар Эрон низ мавриди бањрабардорї ва омўзиш ќарор гирифтааст.Миёни хонандагону мењмонон суолу љавоб су-

рат гирифт. Ба суоли хонандагон, ки устоди ав-валини шумо кист, Ф.Шарифзода посух дод, ки њидоятгари нахустини ў дар роњи илм муаллими мактаби дењааш Самеъ Ѓафуров мањсуб меёбад.Љамъомади тантанавї хеле ибратомўз ва сами-

монаю хотирмон гузашт.Шодї РАЉАБЗОД,

«Омўзгор»

МУЛОЌОТ БО ОЛИМВОХЎРЇ

Page 6: Omuzgor #24 сайт 2013

№ 24 14-уми июни соли 20136 ОМЎЗГОР РОЊУ РАВИШ

Илми генетика исбот намудааст, ки одамон аз ибтидо њама боистеъ-дод офарида нашудаанд. Истеъдод чун хислати табиию рўњии кўдак аз рўзњои аввали ба дунё омаданаш дар муњити оилаи солим аз љињати биологї пухта мерасад ва ба як си-стемаи инкишофи рўњї табдил меё-бад. Вале азбаски инкишофи рўњї–равонии кўдак дар оила бо сатњи донишмандї ва рўњию равонии во-лидайн вобастагии зич дорад, истеъ-доди он њамчун њамкории омилњои генетикї ва муњитї зоњир мегардад, ки чигунагии онро пешакї муайян кардан душвор аст.

Агар волидайни бомаърифат фар-зандашонро дар хона бо воситањои дахлдори эљодкорї таъмин намоянд, пас, олимони соњаи педагогика ва психология истеъдоди бачаро дар асоси илми педология муайян меку-нанд. Онњо дар ин кор, пеш аз њама, љињатњои психофизиологї, физио-логияи синнусолї, нейропсихология, психологенетикии кўдакро муќаррар намоянд ва дар асоси кашфиёти худ ба-рои муаллимони мактабњои тањсилоти умумї ва дигар навъњои замонавии он оид ба роњу усулњои муќаррар намуда-ни истеъдоди кўдакон дастурномањои дахлдорро омода месозанд. Бо вуљуди ин, бояд гуфт, ки дар муайян намуда-ни истеъдоди кўдакон миёни олимони љањон фикри аниќ ва ягона вуљуд на-дорад.Масалан, олими амрикої Љозеф

Рензулли мегўяд, ки рафтори ода-ми боистеъдод њамбастагии се гурўњи сифатњоро дар худ дорад: 1)ќобилияти умумї ё махсуси болотар аз миёна; 2) бо шавќи баланд машѓул шудан бо њалли ин ё он масъала; 3) сатњи баланди эљодкорї (креатив-ность).Дар асоси ин талабот одами бои-

стеъдод дорои њамаи ин хислатњо мебошад ва ё ў метавонад ин систе-маи сифатњоро дар худ инкишоф дода, дар соњаи дахлдори фаъолияти одамї дар амал татбиќ намояд.Дар Россия бошад, бар хилофи

аќидањои боло истеъдодро на дар њамбастагии се гурўњи сифатњои номбурда, балки дар ду шакл “мета-вонам” ва “мехоњам” баррасї кар-даанд. Ин аз он шањодат медињад, ки шахси боистеъдод, аз як тараф, агар шуурнокї ва эљодкории ху-дро таъкид намояд, аз тарафи ди-гар, ќобилиятнокї, маърифатнокї, њамчунин њавасмандии худро ба њалли проблемањои мураккаб ва но-муайяни замон нишон медињад.

Дар асоси фикрњои боло суоле ба миён меояд: Киро бояд боистеъ-дод донист? Мутахассиси маъруфи соњаи истеъдоди кўдакон Н.С.Лейтис дар љавоб ба ин суол се гурўњи бача-гонро људо кардааст, ки моњиятан нуќтаи назари олими Америка Љозеф Рензуллиро ба хотир меорад.Мутахассиси дигар дар соњаи

зењни психологї М.А.Холодная мегўяд, ки истеъдоди кўдакро бо шаш усул муайян кардан мумкин аст: 1. Зиракї, хушфањмї, фаросат. 2. Хонандањои забардаст. 3. Хонан-дагони эљодкор. 4.Соњибихтиёр, мустаќил, босалоњият. 5. Мањоратнокї, истеъдод. 6. Доно, оќил, хирадманд. Ба аќидаи М.А.Холодная, ба-

чагонеро боистеъдод мегўянд, ки дар таълим натиљањои зеринро нишон дода бошанд: 1. Бачагоне, ки аз тестњои махсуси зењнии “IQ”

натиљањои олиро нишон додаанд. 2. Бачагоне, ки дорои сатњи баланди эљодкорї мебошанд. 3. Бачагоне, ки дар ягон соњаи фаъолият (мўсиќї, рассомї, риёзиёт, шоњмот ва ѓайра) комёбињои баландро ноил гаштанд. 4. Бачагоне, ки дар мактаб наѓз ме-хонанд.

Олимон имрўз исбот кардаанд, ки њар як кўдаки боистеъдод дар зиндагї дорои хусусиятњои вижа мебошад, ки бо он аз дигарон фарќ мекунад. Дар онњо инчунин боз хусусиятњои умумї низ дида меша-ванд. Онњо чунинанд: 1.Кунљковї,

мароќ, шавќу њавас ба илму до-ниш – донишдўстї. 2. Њассосї, фавќулэњсосї нисбат ба проблемањо. 3. Майл ба масъалањои дивергентї (масъалањои гуногуни фанни таълимї). 4.Тафаккури оригиналї. 5.Тафаккури гирої (гибкий). 6.Ба зудї мутобиќшудан ба фикри асосї. 7. Ќобилияти пешбинї карда таво-нистан. 8.Тамаркузи баланди диќќат. 9.Хотираи мустањкам. 10.Ќобилияти бањодињї. 11.Устувории шавќу њавас ба ин ё он соњаи илму дониш ва майл ба он.

Бачагони боистеъдод ин-чунин дорои махсусиятњои хоси психолосотсиалї (рўњї-иљтимої) мебошанд.Ин хусусиятњо чунинанд:

1. Кўшишњо бањри татбиќи имкониятњои шахсї. 2.Кўшишњо бањри мувофиќи талаб ба дараљаи олї анљом додани кори оѓозшуда. 3.Мухторияти иљтимої (вобаста аст ба дараљаи пасти ихтисоси касбии муаллим ва беањмиятии во-лидайн нисбат ба кўдак дар оила). 4.Эготсентризм (худпарастии тала-ба) вобаста аст ба нотавонии ў дар розї шудан ба фикри дигарон). 5. Пегисофї (лидерство) – сарварї, пешсафї. 6.Махсусиятњои инкишо-фи њиссї (эњсосї).Имрўз дар ошкорсозии истеъдоди

кўдакон гурўње аз олимон истифо-даи роњу усулњои зеринро пешнињод кардаанд:

1. Истифодаи тестњо. Бањои ягона2. “Принсипњои Турникет”. Дар

ин љо модели педогогии истеъдоди талаба бояд сохта шавад. Дар асо-си ин модел истеъдоди талаба на як бор, балки якчанд маротиба санљида мешавад. Системаи мазкур барои мактабњои умумї пешбинї шудааст. Талабагон дар асоси барномаи мах-сус кор мекунанд, онњо њаќдоранд дар миёни соли хониш њам ба машѓулиятњои минбаъдаи турникет иштирок накунанд. Муаллифони ин шакли муайянсозии истеъдоди тала-ба олимони Амрико Љон Рензулла, С.Рис ва Л.Смит мебошанд.

3. Модели Иллиной. Мувофиќи ин модел гурўњ аз 22 нафар кўдаки 3-5- сола иборат аст. Ин кўдакон дар инкишофи зењнї ва ќобилияти эљодї бояд аз њамсолони худ боло-тар бошанд. Раванди муайянсозии кўдакони боистеъдод ба се давра таќсим шудааст:

1. Љустуљў. Як моњ пеш волидайн огоњ карда мешавад, ки кўдакони боистеъдод аз рўи барномаи махсус кор мекунанд.

2. Бањогузорї: Маълумот дар бо-раи сатњи инкишофи зењнї, эљодкорї ва психологияи мустаќил: аз воли-дайн ва мутахассисон (равоншино-сон) пешнињод шавад.Волидайн суолномањоро пур ме-

кунанд, равоншиносон кўдакро аз тест мегузаронанд. Натиљаи тест ба волидайн хабар дода намешавад.

3. Интихоб. Дар ин љо ду маќсад дар пеш гузошта мешавад:

• Интихоби талабае, ки барои кор кардан аз рўи барнома бештар мувофиќ аст.

• Таъмин намудани иштироки бачагон аз табаќањои мухталифи иљтимої-иќтисодї.

Гурўњи дигари олимон дар ошкорсозии истеъдоди талаба исти-фодаи модели “ташхиси инкишоф”-ро зарур медонанд.

Муаллифи ин модел Ю.А.Бабаев дар асоси машѓулиятњои тренинга-вии худ роњњои (марњилањои) раван-ди ташхисро муќаррар кардааст:

1. Ташхиси пешакии психодиаг-ностикии психологии њар як кўдак.

2.Ташхиси этимологї (ин ё он навъи инкишоф муайян карда шуда, механизмњои пайдоиши монеањои психологї ва сабабњои пайдоиши онњо муайян карда мешавад).

4. Пешгирї кардани оќибатњои нохуши рушди бача.

5. Коркарди тавсияњои педагогї, ки ба рушди солим ва таълими опти-малии он мусоидат менамояд.Дар муайян намудани истеъдоди

талаба инчунин модели ташхиси ис-теъдоднокии бачаро истифода меку-нанд.Ин модел аз се сатњи нисбатан

мустаќил иборат аст:1. Назариявї.2. Ташкилї (Аз ваќти ба мактаб

омадани бача сар мешавад).3. Љустуљўи пешакї (маълумот аз

волидайн, муаллимон, равоншино-сон ва аз худи бача љамъ карда ме-шавад).Модели мазкур талаб мекунад, ки

барои волидайн суолномаи махсуси муайян намудани майлњои кўдак, шавќу завќ ва њаваси талабагони синфњои поёнї кор карда шавад. Та-лабагон низ бояд ба иљрои супори-шоти тестї љалб карда шаванд. Мањз бо њамин роњу усулњо дар бораи ис-теъдоди талаба аввалин маълумотро љамъ кардан мумкин аст.Дар муайян намудани истеъ-

доди бача марњилаи бањогузорї- коррексионї (ислоњкунї) низ наќши худро дорад. Дар ин марњила диќќати асосї аз ташхисоти якмаротибагї ба машѓулияти тренингї (машќї) гуза-ронида мешавад. Маълумоти бо чунин роњ

њосилшуда нисбатан кафолатнок ва боварибахш мебошад. Дар асоси фикрњои боло олимон ба хулосањои зерин омадаанд:

1. Бањогузорї ба истеъдоди бача бояд комплексї бошад.

2. Танњо ташхиси тўлонї метаво-над холисона обективї бошад.

3.Барои кори психодиагностикї психотреннинг- машќи психологї мањсулноктар аст.

4.Њангоми бањогузорї ба сатњи истеъдоди кўдак имкониятњои по-тенсиалии ў бояд ба назар гирифта шавад.

5.Њангоми ташхиси истеъдоди кўдак бо усулњои воќеии бањогузорї бояд ба рафтор ва амалиёти кўдак такя кард.

6.Дар бањогузорї ба истеъдоди кўдак ба ѓайр аз равоншиносон боз педагогњо, физиологњо, волидайн ва худи бачагон бояд иштирок кунанд. Њамаи онњо бо воситањои махсуси методї бояд таъмин карда шаванд.Имрўз ваќти он расидааст, ки дар

Тољикистон низ чун дар Россия дар сатњи давлатї дар асоси комёбињои илми психология коркарди илмии консепсияи истеъдоднокї ба роњ монда шавад. Ин амал дар на-вбати худ имконият медињад, ки тадќиќотњои амалї ва таљрибаи педагогї аз он сарчашма гиранд.

Мањбуба ЉЎРАЕВА, муаллимаи забони англисии лит-

сей -интернати Президентї барои кўдакони болаёќати шањри Душанбе

ТАЊСИЛОТИ ТОМАКТАБЇтево

да

кому

баиљ

ошфоро

УСУЛИ МУАЙЯН НАМУДАНИУСУЛИ МУАЙЯН НАМУДАНИИСТЕЪДОДИ КЎДАКОНИСТЕЪДОДИ КЎДАКОН

ЉАВОНОН-БОИСИ ИФТИХОРХатмкунандагони Гимназияи шањри Пироти Сербия дар ма-

росими «Занги камолот» аз харљи зиётї, яъне, аз либосњои зе-бову нишастњо худдорї кардаанд. Онњо хостаанд маблаѓи сар-фашударо аз ин њисоб ба одамони эњтиёљманд дињанд. Дар чањорчўбаи иќдоми «Панљ даќиќаи зарќу барќ ба касе ма-дад аст» хатмкунанда-гони гимназияи мазкур дар маљмўъ 310 000 ди-нори сербї, ки баробар ба 16 њазор сомонист, мададпулї гирд оварда-анд. Љавонон њамроњи устодонашон маблаѓро ба оилањое супурданд, ки дорои фарзан-дони беморанд. Дар толори муассисаи таълимї ин маблаѓ, аз љумла, ба дасти

Предраг Потичи 12-сола, ки гирифтори фалаљи маѓзи сар буда-даст, Матеа Лазаревичи 11-сола, ки њафт љарроњии сахтро паси сар кардааст ва Чеда Тошичи 5-сола, ки инчунин гирифтори фалаљ будаасту пас аз љарроњї ба роњ гаштан шурўъ кардааст, супурда шуданд.Пас аз њамоиш хатмкунандагон бо куртањое, ки дар он «Панљ

даќиќаи зарќу барќ ба касе мадад аст» навишта шуда буд, ба сайру гашти маркази шањр баромаданд. Хатмкунандагон изњор доштаанд, ки бо ин иќдомашон онњо

мехоњанд дар ёдњо бимонанду ба љавонон дарси ибрат шаванд. «Ёрдампулии додаам, шояд ба сару либосе сарф мешуд, ки ди-гар ягон бор онро намерўшидам, вале ман бовар дорам, ки ин маблаѓ ба ночоре заруртар аст», - мегўяд яке аз љавонон Брана Костич.

ИСЛОЊОТИ СОХТОРИ ТАЊСИЛОТИ ОЛЇ ДАР ЮНОНЛоињаи ислоњотии сохтори муассисањои тањсилоти олии

Юнон «Афина» номгузорї шудааст.Вазорати маорифи ин кишвар тасмим гирифтааст, ки

донишгоњњои аграрї, иќтисодї, Пантеон, Харокопио ва донишгоњи Пирея њама як карда шуда, бо номи олим Адаманти-

ос Кораис фаъолият хоњад кард. Ѓайр аз ин муаллифони лоиња пешнињод кардаанл, ки шумораи баъзе бахшњову факултањо кам карда шаванд.Вазири маорифи кишвар Костас Арванитопулос таъкид до-

штааст, ки барои давлате хурд чун Юнон бо ањолии 11 миллион шањрванд, доштани 40 муассисаи тањсилоти олї харљи зиёдро талаб мекунад.

ПЕШНИЊОДИ ВАЗОРАТИМАОРФИ ЭСТОНИЯ

Вазорати маорифи Эстония ба шогирдони русзабон пешнињод кардааст, ки берун аз мамлакат тањсили илм бинанд.

Аксари дастурњои мактаби Эстония ба забони ин давлат тарљума карда меша-ванд. П а р л у м о н и

Эстонии мехоњад ба ќонунгузории мактабњои хусусї таѓирот ворид созад. Аз рўйи ин таѓирот кўдакони русзабон бояд бо забони эстонї

таълим бинанд. Ба њамин хотир раиси бахши тањсилоти умумии вазорати ин кишвар Ирене Кяосаар пешнињод кардааст, талаба-гоне, ки мехоњанд бо забони русї таълим бинанд, ихтиёр доранд аз мамлакат баромада раванд.

Ситорабонуи Соњибназар,«Омўзгор»

Page 7: Omuzgor #24 сайт 2013

№ 24 14-уми июни соли 2013 7ОМЎЗГОР

Агар дар љањон набвад омўзгор,Шавад тира аз бехирад рўзгор.Бузургтарин ва шарафманд-

тарин нишонаи гиромидошти омўзгор неъмати аќлу илм аст, ки бо вижагињои суханварї, навишт, идрок, эљод ва њунар фароњам меояд. Шарафу бузургї, обрўю эътибор ва манзалати омўзгор низ аз арзишњои назар-раси чунин сифатњо, аз ќабили аќлу фаросати расо, илмдўстї, фазилатнокї, иродатмандї, тањаммулпазирї, росткорї, боадолатї, некбинї, зиндадилї, рўњбаландї, мавќеи шањрвандї, ѓояњои иљтимої, меъёрњои ахлоќї ва эстетикї, њаќталошї, донишварї, хирадмандї, мањорати суханварї, эљодкорї, рафтор ва кирдори шоиста му-айян мегардад. Биноан, ба ин маънї бузургон фармудаанд:Њар кї дорад донишу аќлу

тамиз, Ањли аќлу илмро дорад азиз.Муносибати омўзгор ба

омилњои ташаккули инсонї, хусусиятњои фардї, мала-каву мањорат, мансубияти љинсї, мазњабї, нажоду мил-лат, ањволи иљтимої ва аф-кори идеологї нисбат ба ањли љомеа, махсусан ба таълимги-рандагону толибилмон сарфи назар аз синну сол, мањалли истиќомат ва дигар нишонањо набояд бетафовут бошад. Дар фаъолияти касбї садоќатмандї ва масъулиятшиносї, эљодкорї ва мустаќилият зоњир намуда, усулњои навоваронаи таъли-му тарбияро истифода карда, манфиатњои моддию шахсї, оилаву хешовандї ва дўстиву рафиќиро ба инобат наме-гирад, арзёбї ва бањодињии дараљаи дониши таълимгиран-дагонро холисона, беѓаразона, воќеъбинона ва одилона дуруст муайян менамояд. Вай нисбат ба парвариш ва њимояи љисму рўњ, зењн, эњсосот ва тарбияи маъна-вияти насли наврас ва толибил-мон масъул буда, бо ѓамхориву мулоњизакорї ва маданиятнокї ба суханони шогирдон ва майлу хоњиши онњо эътибор дода, таъ-лимгирандагонро ба эљодкорї њидоят менамояд, ба онњо хушнудї, некхоњї, эътиќоду боварї ва некбинию зиндадилї бахшида, муњаббату садоќатро барои зиндагии некбинона беш-тар гардонда, шахсияти инсонро эњтиром менамояд. Омўзгор шахси шарафманд,

пурфтихор, поквиљдон, покдил, собитќадам, вафодору беѓараз, њаќталош ва шикастанафс буда, барои ноилшавї ба натиљањои фаъолияти касбї дар доираи им-конияти хеш, аз њама воситањо, донишњои замонавї, усулњои фаъоли таълиму тарбияи муосир истифода мебарад, бањри њимоя ва њифзи њуќуќ, манфиат, шаъну шараф ва номи неки инсон та-лош меварзад, илму маърифатро меомўзонад ва инсонро бо нури аќлу дониш зи љањлободи нодонї бадар месозад. Дар нињоди омўзгор на фаќат ќобилияти рањнамоии обод доштани љањон, шинохти њаќ ва офаридагорї во-гузошта шудааст, балки истеъдо-ду њунари тарбиятгарї, павари-ши аќлу хирад, имону виљдон ва камолоти инсон ато гардидааст. Ба ин восита инсон дар ин дунё асрори офариниш, парвариш, розњои вуљуд ва маънии зинда-гиро дарк намуда, бањри обод ва зебо гардонидани олами хеш талош меварзад. Омўзгор паваришгари аќлу

хирад ва касбу њунаромўзи нас-ли наврас ва тамоми кишрњои иљтимоъ аст. Парвариш ва ё парваридан аз решаи «парвард», ки мансуб ба забони ќадимии

ниёкон аст, маънои парасторї, парвариш, парвардан, ѓамхорї ва тарбиятро дорад. Парварда-сифати феълии замони њозира аз парваридан аст ва маънои пар-варишёфта ва нигањбонишударо дорад, ки дар навбати аввал парасторї, таълим ва тарбия намудани инсон, махсусан на-врасону љавононро дорад. Пар-вариш- аз феъли парвар(д) бо илова шудани пасванди ќадимии «иш», ба амсоли дониш, хониш, зойиш ва монанди инњо сохта шудааст.Аз ин љост, ки дар забо-ни зиндаи халќ вожаи «парвард» дар шакли иборањои «фарзанд парваридан», «инсон парвари-дан» ва калимањои инсонпар-вар, мењрпарвар, ятимпарвар ва ѓайрањо омадааст. Маънои маљозии вожаи «парварида» шо-гирд ва фарзанд мебошад. Во-жаи «парвариш» дар ибтидои тамаддун ба парвариши инсон тааллуќ дошта, минбаъд ба гулу гиёњ, дарахт ва дигар аљсоми та-биат алоќаманд гаштааст. Дар луѓат ва фарњангњои гуногун ин таъбир дар вожаи мўътабари «Парвардигор» бо фањмиши парваришгар, тарбиятгар, пар-варанда ва мураббии инсон дарљ гардида, бишак, бо њидоятсозї ва парваришгарї дар радифи пе-шаи пайѓамбарон љойгоњи сазо-вор дошта, бо мукофоти амалаш дар назди халќу худои муттаол мањбуб гардидааст. Ин маънї дар осори ади-

бон ва донишмандони халќи тољик фаровон истифода шу-дааст. Таъкидњои Абўабдулло Рўдакї, «морро њарчанд бењтар парварї», «барои парвариши љисм љон ранља кунам», «зи њар хошае хештан парварад» бо чу-нин маънї нигаронида шудааст. Абулќосим Фирдавсї низ ба

ин маънї равшану возењ фарму-дааст:Кунун дар чашмам

Парвардигор, Чунин маро парваронад рўзгор. Дар њаќиќат, омўзгор шах-

сест бо маќоми шоистаи тарби-ятгар, парваришгар ва офари-дагор њамеша бор бар дил дар талоши роњи маќсуд бо мењру садоќат роњати манзил надо-рад. Арзишмандии ин вожаи хушоянд, аслї ва таърихиро эро-ниён хуб дарк намуда, њатто исми вазоратро «омўзиш ва парвариш» ном нињодаанд.Шахсият ва симои омўзгор

инъикосгари њастии ўст ва бо намунаи ибратомўзи рафтор, кирдор ва пиндораш њусни на-зокату покизагиро риоя карда, љомеаро рањнамої ва тарбия менамояд. Ў аз сафсатабаёнї ва пандомўзии номатлуб худдорї намуда, ба сањлангориву

шитобкорї роњ намедињад ва аз дигарон он чизеро, ки худ барои риоя кардан ќодир нест, талаб намекунад. Дар бунёди муњити солиму хайрхоњ ва бомурувват кўмак ва ёрии амалї расонида, ба атрофиён њамкории судман-ди эљодиро ба вуљуд меоварад ва њавасмандиро барои дарёфти андешаву донишандўзї ба роњ монда. чињати тарѓибу азхудку-нии арзишњои фарњангии миллї ва умумибашарї босубот хид-

мат менамояд. Њусни баён ва муоширати худро такмил дода, аз калимаю иборањои ќабењ ва тањќиркунанда худдорї менамо-яд . Вай афкору аќидањои шах-сии динию мазњабї ва сиёсии шахсиашро ба таълимгиранда-гон тањмил насохта, аз њама гуна амалњои ифротгаро ва тундрав, ки ба зуњури беадолатї раво-на мешаванд, худдорї намуда, нисбат ба озодандешии солими таълимгирандагон эњтиромона муносибат мекунад. Ў бо мада-нияту тамкинї ва риояи њусни калом сухан мегўяд, сабру тањаммулпазириро пеша сохта, зоњиру ботини худро яксон дида, аз амалњои эњсосотї, ки шаъну эътибори инсонии ўро паст меза-нанд, худдорї менамояд. Шаъну эътибори омўзгор аз

масъулияти фаъолияти љамъиятї низ муайян мегардад, ба шарте ки ба нуфузу эътибори фаъолия-ти касбии ў зиён нарасонад ва маљбурї набошад ва наќши мон-дагорро њамчун тарбиятгар ва барандаи нури маърифату дониш дар љамъият гузошта, ба шарофа-ти мавќеи холисонаи шањрвандї ва фаъолияти башардўстонааш дар њаёти љомеа намунаи ибрат бошад. Бо чунин дарки масъули-ят омўзгор ўњдадор аст, ки сав-ганди касбиашро дар њама њолат сидќан иљро намояд. Њамкорї бо волидон, па-

расторон ва шахсони онњоро ивазкунанда аз самтњои муњими фаъолияти омўзгор буда, дар таъмини тарбияву тањсилоти бо-

сифат самаре ба бор меоварад. Сари ваќт аз њолати таълиму тарбияи фарзандон огоњ наму-дани онњо мушкилоти тарбия-ро осон намуда, муносибатњои мутаќобилаи байни омўзгор ва падару модар, инчунин пара-сторони онњоро тибќи риояи эњтирому боварии њамдигарї, некхоњї, боодобї ва беѓаразї ба роњ мемонад. Омўзгори соњибкасб бо ри-

солати ибратомўзи эљодгарї њисси муњаббати шогирдонро ба ангезањои илму дониш ва њунар бедор сохта, дар шарёни ќалби онњо забонаи оташи мењрро нис-бат ба маънї ва њусни зиндагї фурўзон сохта, ба онњо илњом, тавоної ва љасорат бахшида, пояњои ахлоќї ва пойгоњи маъ-навии насли наврасро тањким мебахшад. Нодиртарин ва љолибу љозибтарин лањзањои сарнавишти омўзгор дар шуури шогирдон афкори тозаву со-лим, мустаќил, њаќиќату адолат ва имону виљдонро парвариш месозад. Вай хирмани илму до-нишро бо зањмату љоннисорї ва њунармандї пурбор гардонида, бо усул ва шевањои тоза ва са-мараноки тадрис вуљуди аќлонї ва маърифатии шогирдонро ба

љунбиш оварда, бо рисолат ва њалќаи таъсири хеш такон ме-бахшад. Дар њама самтњои фаъолият ба-

рои омўзгор малакаву мањорат ва принсипњои касбї маќоми шоиста дошта, риоя ва эњтироми он ба баланд бардоштани маќом, нуфуз ва эътибори шахсияти ў мусоидат менамояд. Њамзамон, дар бароба-ри дигар созандагони пешќадами иљтимоъ омўзгор њуќуќ дорад, ки аз мавќеъ ва принсипњои маънавию ахлоќии худ њимоя намояд, шаъну эътибори шахсии хешро баланд бардошта, барои амалисозии фа-ъолияти касбї шароити мусоид ва зауриро муњайё созад ва талаб на-мояд. Дар ин замина муносибату эњтироми њамдигар, ошкорбаёнї, эътимоду садоќатмандї ва омо-да будан ба мубодилаи дони-шу малакањо бунёд меёбад. Муњайёсозии муњити солим, му-бодилаи афкор, баробарњуќуќї, хайрхоњї ва њамдигарфањмї барои рушди шахсияти фаъолу созандаи омўзгор мусоидат менамояд. Дар баробари ин, омўзгор њамчун ме-росбар ва тарѓибгари арзишњои ахлоќию маърифатї бояд аз их-тилофоти беасос ва мољарољўёна худдорї намуда, ѓаразу кинаљўйии њамкасбонро бартараф созад ва њуќуќ надорад, ки дараљаи тахас-суси касбии дигар омўзгорро дар байни њакмкасбону атрофиён зери шубња ќарор дињад ё паст занад ва ё танќидро барои тањќир ва таќлид истифода барад. Баќои умри омўзгор аз

тарбия ва камолоти шогир-

дон, офаридањои эљодгарї ва њунармандї шинохта шуда, та-вассути илмдустї ва хирадпешагї сомони зиндагиро њифз менамо-яд. Омўзгор шахсияти дилогоњ, худогоњу худшинос ва худгудоз аст, оламу одамро ба хубї меши-носад, фањму фаросат ва маърифа-тро дарк намуда, эњёгарї менамо-яд. Эњёгарии ў суннати эљодгарї ва офаридагорист бо љасорату иродатмандї ба вуљуд меояд. Њељ гуна тањќир, танќид, истинтоќ, азобу шиканља њаќталошї ва иро-даи омўзгорро шикаста намета-вонад, зеро ки ў дар назди халќу Ватан фарзи имрўзу ќарзи фар-доро адо менамояд. Биноан, ба омўзгор пайкарасозї шарт нест, муљассамаи ў дар дилу дидаи халќ ва шогирдон бо азамату шукўњ ва намои рўњ њамеша абадзиндаву љовидон аст.Омўзгори эљодкор ва хештан-

шинос дар тўли лањзањои умр дучори хушбахтиву нокомї, хур-сандиву мусибат ва мукофоту муљозоти сарнавишт мегардад, бо тањаммул мардонавор њама сањнањоро паси сар мекунад, барои пайдо намудани мавќеъ, обрў ва манзалат талош мевар-зад. Зиндагии вай майдони на-бард ва озмоиш аст, ки дар тўли он роњи пурнишот, саодатманд ва дар баробари ин пайроњањои хатарнок ва пурпечутобро сипарї намуда, мавќеъ ва ман-залати хешро пайдо карда, бо дидањои бозаковат ва назарњои бофаросат, амали хайру номи нек ба ободии дањр ва рўњи за-мон наќш мегузорад. Бадбахтона, имрўз бар асари

заъфи тафаккуру андешаи солим ва костагии ахлоќу маънави-ят дар њама табаќа ва соњањои иљтимої, аз љумла дар соњаи ма-ориф низ гурўњи махлуќони хом-табъу маккор аз фишори ранљу дард осудаанд ва њамеша дар вуљудашон эњсоси такаббур, тар-су њарос, ахлоќи разила, ришва-ситониву ришвадењї, каззобию њилагарї ва тамаллуќкориву хушомадгўї маскан гузидааст. Тарсрўї бештар дар нињодашон љой гирифтааст ва ин афрод бидуни шарму њаё ба хотири њадафњои шахсї ва посдории љоњу љалол аз њама гуна разо-лату табоњкорї бо тамаллуќу чоплусї ва фасодкорї тањќири шахсият ва ќисмати њаётианд.Дар набарди зиндагї

њаќшиносї, љасорат ва иродатмандї аз шоистатарин сифатњои омўзгори худогоњ аст, ки на њар кас бо он сазовор мегар-дад. Омўзгоре ба он мушарраф ме-гардад, ки якдилу якљињату якрў буда, сарвату тахту љоњу љалолро намепарастад ва ба хотири иро-дат ва эътиќоди шахсї фидокорї ва љоннисорї мекунад. Ба ќавли аллома Муњаммад Иќбол: Дар чањон натвон агар мардона

зист,Њамчу мардон љон супурдан,

зиндагист.Бо амри таќдир ва сарнавишт

хушбахту саодатманд аз онам, ки касби пуршарафи омўзгориро пеша намуда, бо гулчини андеша-мандони илму маориф њаммаслаку њаммаром ва садоќатманд гаш-та, беш аз сиюпанљ сол аз созу сўз, ормону дард, бурду бохт ва суњбату дидори мубораки эшон сабаќи зиндагї бардоштаам ва њамеша шукргузорї менамо-ям. Рўйдоду хотирот ва симои ибратомўзи омўзгорон, шахсони покизарўзгор ва љомеадор басо дилпазиру фарањманд буда, бо мурури замон ва гузашти айём дар замири дил маскан гузида, бењтарин ва љолибтаринаш бо тамоми љузъият дар хотир наќш бастааст ва њамеша кор бурди зиндагї дорад.

Абдусамад МУЛЛОЕВ , доктори илми филология

АНДЕША

ШАХСИЯТ, СИМО ВА

МАЌОМИ ОМЎЗГОР

ниёкон аст, маънои парасторї, шитобкорї роњ намедињад ва аз

сиСатадаромупастэњнеро

соњианбеонбафутапо

НУЌТАИ НАЗАР

Page 8: Omuzgor #24 сайт 2013

№ 24 14-уми июни соли 20138 ОМЎЗГОР

I. Муќаррароти умумїЌоидањои ќабули донишљўён

ба муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон дар соли тањсили 2012-2013 (минбаъд Ќоида) дар асоси моддаи 29 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мао-риф», моддаи 13-уми Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бо-раи тањсилоти олии касбї ва тањсилоти касбии баъд аз му-ассисаи олии касбии Љумњурии Тољикистон», моддаи 22 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бо-раи санадњои меъёрии њуќуќї» ва банди 26 Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти олии кас-бии Љумњурии Тољикистон тањия гардидааст.

2.Тартиби ќабули донишљуён ба Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї

2.1.Ба Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї шањрвандони Љумњурии Тољикистон, шањрвандони давлатхои хориљї мувофиќи шартномаву созишномањои байнидавлатї, хориљиён ва шахсони бетабааи муќими Љумњурии Тољикистон ќабул карда мешаванд.

2.2. Ба гурўњњои шартномавии Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї шањрвандони Љумњурии Тољикистон ва давлатњои хориљї, ки њуљљати баробарар-зишии тањсилоти миёнаи умумї, ибтидої ва миёнаи касбиро до-ранд, ќабул мешаванд.

2.3.Ба курси якум шахсоне, ки шањодатномаи намунаи давлатии тањсилоти миёнаи умумї, дипло-ми намунаи давлатии тањсилоти ибтидоии касбї, ки дар он ги-рифтани тањсилоти миёнаи умумї ќайд гардидааст ва инчу-нин дипломи намунаи давлатии тањсилоти миёнаи касбї доранд, ќабул мешаванд.

2.4. Довталабон дар як ваќт танњо дар як муассисаи тањсилоти олии касбї тибќи банди 3 ба кур-си якум ќабул карда мешаванд.

2.5. Шахсоне, ки коллељњои соњавиро бо «Дипломи аъло» хатм намудаанд, дар сурати мувофиќати равия ва ихтисосњо (бо назардошти на зиёда аз 13 фарќияти наќшаи таълимї) ба курси 2-юми шуъбаи рўзона ва ё ба курси 3-юми шуъбаи ѓоибонаи Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї тариќи суњбат ба љойњои буљавии дар наќшаи ќабул ба-рои чунин ашхос људошуда ќабул карда мешаванд.

2.6. Шахсоне, ки коллељњои соњавиро бо дипломи муќаррарї хатм намудаанд, пас аз 3 соли хатм ва кор кардан дар истењсолот, дар сурати мувофиќати равия ва ихтисосњо (бо назардошти на зиёда аз 13 фарќияти наќшаи таълимї) ба курси 2-юми шуъ-баи рўзона ва ё ба курси 3-юми шуъбаи ѓоибонаи Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї аз рўи натиљањои аттестатсия ва озмун ба љойњои буљавї ва шартнома-вии дар наќшаи ќабул барои чу-нин ашхос људошуда ќабул кар-да мешаванд.

2.7. Шахсоне, коллељњои ѓайрисоњавї (коллељи оморї, коллељи тарбияи љисмонї, коллељи металлургии Турсунзо-да, коллељи энергетикї, коллељи сохтмон, коллељи политехникї, коллељи саноати хўрокворї, коллељи индустриалї, коллељи дўзандагї, коллељи молия ва ќарз, коллељи тиббї, коллељи муњандисї-омўзгорї ва ѓайрањо)-

ро хатм кардаанд, пас аз се соли фаъолият дар истењсолот ба курси 2-юми шуъбаи рўзона ва ѓоибонаи ихтисосњои мувофиќи Донишгоњ ба тариќи шартномавї ќабул карда меша-ванд. Фарќияти наќшаи таъли-миро Комиссияи аттестатсионї муайян мекунад.

2.8. Шахсоне, ки муассисањои тањсилоти миёнаи касбиро аз рўи ихтисосњои омўзгорї хатм наму-даанд ва зиёда аз дањ сол собиќаи кори омўзгорї доранд, дар сурати мувофиќати равия ва ихтисосњо (бо назардошти на зиёда аз 13 фарќияти наќшаи таълимї) ба курси дуюми шуъбаи ѓоибонаи Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї, аз рўи натиљаи суњбат, бе озмун ба љойњои буљавї ва шартномавии дар наќшаи ќабул барои чунин ашхос људошуда, ќабул карда мешаванд.

2.9. Шахсоне, ки муассисањои тањсилоти миёнаи касбиро аз рўи ихтисосњои омўзгорї хатм наму-даанд ва зиёда аз бист сол собиќаи кори омузгорї доранд, дар сурати мувофиќати равия ва ихтисосњо (бо назардошти на зиёда аз 13 фарќияти наќшаи таълимї) ба курси сеюми шуъбаи ѓоибонаи Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї аз рўи натиљаи суњбат ба љойњои буљавї ва шартномавии дар наќшаи ќабул барои чунин ашхос алоњида људошуда ќабул карда мешаванд.

2.10. Шахсоне, ки гурўњњои буљавии коллељњои соњавиро бо дипломи муќаррарї хатм наму-даанд, дар сурати мувофиќати равия ва ихтисосњо (бо назар-дошти на зиёда аз 13 фарќияти наќшаи таълимї) ба гурўњњои шартномавии курси 3-юми шуъ-баи ѓоибонаи Донишгоњи дав-латии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї аз рўи натиљахои аттестатсия ва озмун ба љойњои шартномавии дар наќшаи ќабул барои чунин аш-хос људошуда ќабул карда меша-ванд.

2.11. Шахсоне, ки гурўњњои шартномаии коллељњои соњавиро бо дипломи муќаррарї хатм на-мудаанд, дар сурати мувофиќати равия ва ихтисосњо (бо назар-дошти на зиёда аз 13 фарќияти наќшаи таълимї) ба гурўњњои шартномавии курси 2-юми шуъ-баи рўзона ва ё курси 3-юми шуъбаи ѓоибонаи Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї аз рўи натиљахои аттестатсия ва озмун ба љойњои шартномавии дар наќшаи ќабул барои чунин аш-хос људошуда ќабул карда меша-ванд.

2.12. Шањрвандони давлатњои хориљї, аз љумла шањрвандони Иттињоди Давлатњои Мустаќил ба Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї дар асоси шартњои зерин ќабул карда ме-шаванд:

-мутобиќи созишномањои байналмилалї;

-дар њудуди љойњои муќарраршудаи ќабул бо роњхати Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон;

-мувофиќи шартномаи та-рафайн ба Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї барои њар як љой дар њудуди миќдори муайян-шудаи Иљозатнома бо пардох-ти маблаѓи тањсил тибќи риояи Ќоидањои ќабул. Шањрвандони давлатњои хориљї,

аз љумла шањрвандони Иттињоди Давлатњои Мустаќил ба хотири

эњтироми забони давлатї ба кур-си тайёрї ќабул гардида, баъди омўзиш ба курси аввал интиќол дода мешаванд;

2.13. Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї њуќуќ дорад, то 10% -и довталабонро ба гурўњњои шартномавї аз њисоби хатмку-нандагони муассисањои таълимии соњавии худ ва ба таври комисси-яи ќабули сайёр (баъди тасдиќи котиби масъул ва масъулони ди-гари ќабул) ба сафи донишљуён ќабул намоянд.

2.14. Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї, ки бо тар-зи худмаблаггузорї фаъоли-ят мекунанд, наќшаи ќабули донишљуёнро тибќи замимаи иљозатномаи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон, ки дар он теъдоди ќабул муќаррар карда шудааст, амалї менамояд.

2.15. Бо маќсади таъмини талабо-ти иљтимої-иќтисодии минтаќањои Љумњурии Тољикистон Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї њуќуќ дорад, ки бо корхонањо, ташкилот, муассисањо, њукуматњои мањаллї ва воњидњои сохтории дахлдори онњо тариќи шартномаи тарафайн мутахассисонро тайёр намояд.

2.16. Њаљми маблаѓи тањсил барои таълими шартномавї дар асоси ќарори Шўрои олимони Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садрид-дин Айнї муайян гардида, бо Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон ва Хадамоти зид-диинхисории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон мувофиќа карда мешавад ва дар «Ќоидахои ќабули донишљуёни Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї» ифода мегардад. Барои тољикони бурунмарзї

(тољикони аќаллиятњои миллии Иттињоди Давлатњои Мустаќил) дар Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї маблаги пардох-ти шартнома чун шањрвандони Љумњурии Тољикистон муќаррар карда мешавад.

2.17. Бо маќсади ќабули њуљљатњои довталабон, ташкил ва гузаронидани имтињони ќабул бо фармони ректори Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї ба-рои ќабули донишљўён ба курси якум Комиссияи имтињони ќабул ва барои ќабули хатмкардаго-ни коллељњо ва тањсилоти олии касбии дуюм ба курсњои болої Комиссияи аттестатсионї таъсис дода мешавад. Раиси комиссияи ќабули муассисаи тањсилоти олии касбї ректор мебошад.

2.18. Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї фаќат бо до-штани иљозатномаи пешбурди фаъолияти таълимї њуќуќ до-рад, ки ќабули донишљўёнро аз рўи равия ва ихтисосњои мух-талиф расман эълон намояд.Донишгоњи давлатии омўзгории

Тољикистон ба номи Садриддин Айнї вазифадор аст, ки довтала-бонро бо Иљозатномаи пешбурди фаъолияти таълимї ва инчунин, шањодатномаи аккредитатсияи давлатї шинос намояд. Комиссияи ќабули Донишгоњи

давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї бояд то ќабули њуљљатхои довтала-бон, номгўи равия ва ихтисосњо, теъдоди ќабулро аз рўи равия ва ихтисосњо аз њисоби Буљети љумњурї ва тариќи шартномавї эълон намояд. Комиссияи ќабул номгўи

фанњое, ки имтињони ќабул гу-заронида мешаванд, бањогузорї ва тарзи гузаронидани имтињони ќабул (тестї ва анъанавї)-ро эълон менамояд. Тарзи гузаро-нидани имтињони ќабул (тестї ва анъанавї) дар асоси ќарори Шўрои олимон ба роњ монда ме-шавад.

2.19. Дар Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї имтињон ба тар-зи зайл сурат мегирад:, тестї ва анъанавї, имтињон мувофиќ ба ихтисосњо аз рўи фанњои зерин: забони давлатї (тољикї), адабиёт, математика, физика, химия, био-логия, география, таърихи халќи тољик, асосњои давлат ва њуќуќ, њуќуќи инсон, забони хориљї ва ихтисос гирифта мешавад.

2.20. Иншо аз забони давлатї пеш аз имтињони тестї буда, њамаи довталабон, новобаста аз самт, равия ва ихтисоси инти-хобкардаашон, иншо (диктант) месупоранд. Довталабоне, ки муассисањои тањсилоти миёнаи умумиро бо забони русї, ўзбекї ва бо забони аќаллиятњои миллї хатм намудаанд ва ба гурўњњои ру-сии ихтисосњои ѓайрифилологии Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї њуљљат месупоранд, бо за-бони точикї диктант менависанд. Довталабоне, ки муассисањои тањсилоти миёнаи умумиро бо забони давлатї хатм намудаанд ва ба гурўњњои русии ихтисосњои ѓайрифилологии муассисањои тањсилоти олии касбї њуљљат ме-супоранд, диктант менависанд. Довталабоне, ки муассисањои тањсилоти миёнаи умумиро бо забони русї хатм намудаанд ва ба ихтисосњои (гурўњњои) русии Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї њуљљат месупоранд, аз за-бон ва адабиёти рус иншо ме-нависанд ва агар муассисањои тањсилоти миёнаи умумиро бо забони давлатї, ўзбекї ва бо за-бони аќаллиятхои миллї хатм намуда бошанд, бо забони русї диктант менависанд.

2.21. Ба супоридани тест довта-лабоне иљозат дода мешаванд, ки аз имтињони забони давлатї- иншо ё диктант бањои мусбат гирифта бошанд. Дар сурати аз як бахши блоки тестї умуман нагирифтани хол бањои тестї ѓайриќаноатбахш њисобида ме-шавад. Натиљаи санљиши иншо баъди 48 соати супоридани имтињон ва натиљаи санљиши тестї на дертар аз 24 соат эълон карда мешавад (Дар ихтисосњое, ки теъдоди довталабон дар як љой аз се нафар зиёд мебошад, натиљаи санљиши иншо баъди 60 соати супоридани имтињон эълон карда мешавад).

2.22. Шахсоне, ки бо Шањодатномаи универсалї ва медали тилло муассисањои тањсилоти миёнаи умумиро хатм намудаанд, ба Донишгоњи дав-латии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї бе суњбат ќабул карда мешавад. Шахсоне, ки дар муассисањои тањсилоти умумї аз рўи равияхои (гурўњи фанњо) табиию риёзї ва гуманитарї - љамъиятї сазовори медали тилло гардидаанд, низ дар ин равия ба Донишгоњи дав-латии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї бе суњбат ќабул карда мешаванд. Шахсоне, ки бо шањодатномаи

универсалї ва медали нуќра муассисањои тањсилоти миёнаи умумиро хатм намудаанд, бо су-поридани бањои аъло аз тахассус ба курси якум ќабул карда меша-ванд. Дар сурати муваффаќ на-

шудан, онњо дар асоси Ќоидахои умумии ќабули донишљуён ба Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садрид-дин Айнї имтињон месупоранд. Шахсоне, ки дар муассисањои тањсилоти миёнаи умумї аз рўи равияњои (гурўњи фанњо) табиию риёзї ва гуманитарї-љамъиятї сазовори медали нуќра гардида-анд, дар ин равияњо бо супорида-ни бањои аъло аз тахассус ба курси якум ќабул карда мешаванд. Дар сурати муваффаќ нашудан дар асоси Ќоидањои умумии ќабули донишљўён ба Донишгоњи дав-латии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї имтињон месупоранд.Хатмкунандагоне, ки медалњои

тилло ва ё нуќраро аз рўи равияњо соњиб шудаанд (гурўњи фанњо: табиию риёзї ва гуманитарї - љамъиятї) имтиёзи онњо танњо дар њамин равияњо ба инобат ги-рифта мешавад. Хатмкунандагони муассисањои

тањсилоти миёнаи умумї, ки шањодатномаи муќаррарї ва тавсияномаи Вазорати маори-фи Љумњурии Тољикистонро до-ранд, ба ихтисосњои омўзгории Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї тибќи суњбат ќабул кар-да мешаванд. Шахсоне, ки бо «Дипломи аъло» муассисањои тањсилоти ибтидоии касбиро хатм намудаанд ва дар он гириф-тани тањсилоти миёнаи умумї кайд гардидааст,ба Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї бо ги-рифтани бањои аъло аз имтињони тахассус ё аз тариќи ќоидањои умумї ба курси якум ќабул карда мешаванд.

2.23. Ѓолибони олимпиадаи фаннии љумњуриявии хонандаго-ни муассисањои тањсилоти умумї, ки љои якумро ишѓол намудаанд ва тавсияномаи Вазорати мао-рифи Љумњурии Тољикистонро соњиб гаштаанд, дар сурати мувофиќати ихтисос бе суњбат ба курси якуми Донишгоњи дав-латии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї ќабул карда мешаванд.

2.24. Ѓолибони олимпиадаи фаннии љумњуриявии хонандаго-ни муассисањои тањсилоти умумї, ки љои дуюмро ишѓол намуда-анд ва бо медал ва тавсияномаи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистонро соњиб гашта-анд, њангоми дохил шудан ба Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї тариќи суњбат ба ихтисо-се, ки ба фан мувофиќ аст, ќабул карда мешаванд.

2.25. Ѓолибони олимпиадаи фаннии љумњуриявии хонандаго-ни муассисањои тањсилоти умумї, ки љои сеюмро ишѓол карда-анд ва бо медал ва тавсияномаи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистонро соњиб гаштаанд, аз фанне, ки ба ихтисос мувофиќ аст, имтињон месупоранд. Танњо дар сурати бо бањои аъло супо-ридани имтињони тахассус аз супоридани имтињонхои мин-баъда озод мешаванд, аммо дар мавриди супоридани имтињон бо бањои хубу миёна аз супоридани имтињонњои минбаъда озод на-мешаванд.

2.26. Ѓолибони олимпиадаи бай-налмилалии фаннии хонандагони муассисањои тањсилоти умумї, ки соњиби медали тилло гардида-анд, ба равия ва ихтисосњое, ки ба фан мувофиќ аст, њангоми дохил шудан ба Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї бе суњбат ќабул карда мешаванд.

ЌОИДАЊОИ ЌАБУЛИ ДОНИШЉЎЁН БА ДОНИШГОЊИ ДАВЛАТИИ ОМЎЗГОРИИ ТОЉИКИСТОН БА НОМИ САДРИДДИН АЙНЇ ДАР СОЛИ ТАЊСИЛИ 2012-2013

САНАД

Page 9: Omuzgor #24 сайт 2013

№ 24 14-уми июни соли 2013 9ОМЎЗГОР

2.27. Ѓолибони олимпиадаи байналмилалии фаннии хонан-дагони муассисањои тањсилоти умумї, ки соњиби медали нуќра гардидаанд, ба равия ва ихтисосњое, ки ба фан мувофиќ аст, њангоми дохил шудан ба Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї аз тариќи суњбат ќабул кар-да мешаванд.

2.28. Ѓолибон ва љоизадорони олимпиадањои (озмунњои) байналмилалї аз рўи фанњои таълимї (аз рўи ихтисос) бо тав-сияномаи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон, аз рўи ихтисосњои мувофиќ, ба кур-си якуми Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї тариќи суњбат ќабул карда мешаванд. Комис-сияи ќабул барои чунин ашхос (довталабоне, ки дар бандхои 20-26 зикр ёфтанд) имтињонро пеш аз муњлати муќарраршуда ба роњ мемонад.

2.29. Њамаи довталабон, сарфи назар аз аслу насаб, љинс, забон, мансубияти нажодию миллї, вазъи иљтимоию хусусиятњои касбу кор, эътиќод, мазњаб ва муносибат ба дин ва мансубияти њизбї дар гирифтани тањсилоти олии касбї њуќуќи баробар до-ранд. Ќабули довталабон ба шуъбањои рўзона то синни 35-сола ва ба шуъбањои ѓоибона бе мањдудияти синну сол ба амал бароварда мешавад.

2.30. Њуљљатњое, ки довталабон ба Комиссияи ќабул пешнињод менамоянд:

-ариза ба номи ректор; -њуљљат дар бораи тањсилоти

миёнаи умумї (пурра), ибтидої ва миёнаи касбї намунаи давлатї - асл (маълумотнома дар бо-раи хатми мактабњои тањсилоти миёнаи умумї, ибтидої ва миё-наи касбї ќабул карда наме-шавад). Фаќат хатмкардагони коллељњои омузгорї, ки аз хатми тањсилашон 3 сол нагузашта бо-шад, метавонанд бо нусхаи ди-плом њуљљатхояшонро ба комис-сияи ќабул пешнињод намоянд;

-маълумотномаи тиббї (шакли № 086.у)

-6 адад сурат (андозаи 3x4 см); -шиноснома ё шањодатномаи

таваллуд; -билети њарбї ё шањодатномаи

њарбии даъватшаванда; -духтарон ва писароне, ки тибќи

квотаи Президенти Љумњурии Тољикистон ба муассисањои тањсилоти олии касбї тавсия карда мешаванд, карори Шўрои педагогии мактаб, тавсияи шуъ-баи маорифи ноњия ва роњхати њукумати ноњияро пешнињод ме-намоянд;

-духтарон ва писароне, ки бе-восита дар истењсолот кор меку-нанд, ќарори Шўрои мењнатї, агар собиќаи корї дошта бошад, нусха аз дафтарчаи мењнатї ва роњхати Маќомоти мањаллии њокимияти давлатии шањру ноњияро пешнињод менамоянд. Довталабоне, ки тањсилоти миё-наи умумї, ибтидоии касбї, миёнаи касбї ва олии касбиро дар хориљи кишвар гирифтаанд, баъди аз нострификатсия (ба-робарарзишии) гузаронидани њуљљати тањсилоти худ ва муайян шудани дараљаи сатњи тањсилот метавонанд ба Комиссияи ќабули Донишгоњ њуљљат пешнињод на-моянд. Довталабоне, ки мактаб ва литсейњои хусусиро хатм на-мудаанд, дар намунаи њуљљати хатми тахсилоташон ба ѓайр аз муњри муассисаи таълимї, бояд муњри шуъбаи маорифи шањру ноњия гузошта шавад. Муњлати пешнињоди њуљљатхои довта-

лабон ба Комиссияи ќабул ва комиссияи аттестатсионї аз 20 июн то 31 июл муќаррар карда мешавад. Муњлати гузарони-дани имтињони ќабул аз 1 то 20 август таъин карда мешавад.Ба гурўњњои шартномавї ќабули њуљљатњо ва имтињони ќабул дар муњлатњои муќаррарнамудаи Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї дар мувофиќа бо Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон гузаронида мешавад. Тартиби ќабули довталабони

аз имтињони дохилшавї гузашта-ро Комиссияи ќабули Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї дар асоси озмун (конкурс)-и умумї аз рўи микдори холњои дар имтињони дохилшавї бадастовар-даи довталаб бо риояи ќатъии Ќоидањои ќабул муќаррар мена-мояд.

2 . 3 1 . Х а т м к а р д а г о н и муассисањои тањсилоти ибтидої, ки дар дипломи намунаи давла-тии онњо гирифтани тањсилоти миёнаи умумї ќайд гардидааст ва миёнаи касбї ба шуъбањои рўзонаи Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї новобаста аз собиќаи корї ва ихтисос ќабул карда мешаванд.

2.32.Ба гурўњњои буљавии шуъбањои ѓоибонаи ихтисосњои омўзгории Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї довталабоне ќабул карда мешаванд, ки дар мактаб кор мекунанд ва дар ин хусус њуљљатњои тасдиќкунанда (роњхат аз шуъбаи маорифи шањру ноњия, гувоњномаю тав-сифнома аз мактаб ва нусхаи дафтарчаи мењнатї аз љойи кор) пешнињод менамоянд (дар озмун имтиёз ба собиќадорони соњаи омузгорї дода мешавад).

2.33. Довталабоне, ки ба имтињони ќабул њозир нашуда-анд, бањои ѓайриќаноатбахш ги-рифташуда њисобида мешаванд.

2.34. Бо гирифтани бањои мус-бат (холњои муайян) аз имтињони ќабул берун аз озмун ќабул карда мешаванд:

- маъюбони гурўњњои 1-ум ва 2-юм (аз љумла, нобиноёни до-рои истеъдоди фавќуллода), ки мувофиќи хулосаи тиббї-мењнатї тањсили онњо дар ихтисоси маз-кур манъ карда нашудааст (тибќи пешнињоди њуљљатњои зарурї);

-ятимони бе падару модар, тибќи пешнињоди њуљљатњои зарурї;

2.35. Ќабули фарзандони иштирокчиёни бартарафку-нии оќибатњои фољиаи Черно-бил тибќи Ќоидањои ќабул ба Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садрид-дин Айнї барои фарзандони шањрвандоне, ки бар асари фа-локати Нерўгоњи барќии атомии Чернобил зарар дидаанд (ќарори мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон аз якуми феврали соли 2010, №2/18) ба роњ монда мешавад.

2.36. Тартиби ќабули духтарон ва писарон тибќи квотаи Пре-зиденти Љумњурии Тољикистон мувофиќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 дека-бри соли 2010, №628 «Дар бораи ќабули донишљуён ба Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї љумњурї тибќи квотаи Президен-ти Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2015» ва «Ќоидањои ќабули духтарон ва писарон ба муассисањои тањсилоти олии кас-бии љумњурї (беимтињон) тибќи квотаи Президентї барои солхои

2011-2015» ба амал бароварда ме-шавад.

2.37. Аз рўи натиљањои имтињони дохилшавї довталаб њуќуќ дорад, ки оид ба натиљаи бањои имтињониаш ба Комис-сияи апеллятсионии назди Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї ба таври хаттї дар мўњлати то 3 рўз мурољиат намояд. До-вталаб њуќуќ дорад, ки мутоби-ки тартиботи муќаррарнамудаи Донишгоњ бо натиљаи имтињони супоридааш шинос шавад. Бар-расии апеллятсия аз нав супо-ридани имтињон набуда, балки танњо санљиши дурустии бањои имтињони дохилшавї мебошад. Дар давраи гузаронидани

имтињони ќабул бо фармони ректор Комиссияи апеллятсионї таъсис ёфта, раиси он таъин кар-да мешавад. Дар ваќти набудани раис ваколатњои ў ба уњдаи муо-вини раис гузошта мешавад. Ба њайати Комиссияи апеллятсионї чун ќоида ба сифати экспертњои бетараф устодони донишгоњ љалб карда мешаванд. Довталаб њуќуќ дорад, ки дар ваќти барра-сии апеллятсия иштирок намояд. Довталабе, ки барои аз нав дида баромадани бањои имтињон та-лош дорад, бояд бо худ њуљљати тасдиќкунандаи шахсият (шинос-нома) ва вараќаи имтињонї дошта бошад. Ба довталаби ноболиѓи то 18- сола метавонанд падар ё модараш њамроњї намоянд. Баъди баррасии апеллятсия

ќарори Комиссияи апеллятсионї оид ба бањои имтињон (њам дар сурати паст ва хам дар сура-ти баланд кардани бањо) ќабул карда мешавад. Дар мавриди ба миён омадани зарурати таѓйир додани бањо бо ќарори Комис-сияи апеллятсионї дар вараќаи имтињони таѓйирот ворид карда мешавад. Дар мавриди ба вуљуд омадани ихтилоф дар Комис-сияи апеллятсионї оид ба бањои гузошташуда бањо бо овоздињї ва тарафдории аксарияти овозњо тасдиќ карда мешавад.

2.38. Фармони ректор оид ба ќабули донишљуён (рўзона ва ѓоибона) ба Донишгоњ то оѓози соли тањсил аз тарафи Ректори Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї ба имзо мерасад.

2.39. Довталабоне, ки ба Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї ќабул шудаанд ва дар да-воми 15 рўз бесабаб ба тањсил шурўъ накардаанд, хориљ карда мешаванд.

2.40. Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї бо до-вталабоне, ки дар гурўњњои буљавї ба сафи донишљўён ќабул шудаанд, дар асо-си банди 7-уми Низомнома «Дар бораи бо маром тай-ёр кардани мутахассисони маълумоти олї ва миёнаи касбї бо роњи шартномавї» (ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 4 апрели соли 1996, №137) Созишномаи сељониба ба имзо мерасонад. Тибќи ин Созишнома донишљў баъди хатми Донишгоњ бо роњхат ба кор фиристода ме-шавад. Дар мавриди иљро нагардидани бандњои ин со-зишнома маблаѓи тањсил аз тарафи донишљў ба Буљаи давлат баргардонида меша-вад.

2.41. Назорат аз болои фа-ъолияти Комиссияи ќабули Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї аз тарафи Вазорати мао-

рифи Љумњурии Тољикистон ва маќомоти дахлдор ба амал баро-варда мешавад.

2.42. Таъмин, риоя ва иљрои «Ќоидањои ќабул барои Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садрид-дин Айнї» новобаста аз шакли ташкилию њуќуќї ва тобеияти идоравї њатмї мебошад.

3. Тартиби ќабули донишљуён барои гирифтани тањсилоти дую-ми олии касбї ба Донишгоњи дав-латии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї

3.1. Ќабули донишљуён барои гирифтани тањсилоти дуюми олии касбї танњо тибќи шар-тнома ба Донишгоњи давла-тии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї иљозат дода мешавад.

3.2. Довталабоне, ки тањсилоти якуми олии касбї доранд, барои гирифтани тањсилоти дуюми олии касбї мутобики санадњои меъёрии њуќуќии зинаи тањсилоти олии касбї ва Ќоидањои ќабул ба Комиссияи ќабули Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Са-дриддин Айнї дар муњлати муќарраргардида њуљљатњои зеринро пешнињод мекунанд:

-ариза ба номи ректо-ри Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї;

-дипломи намунаи давлатї бо замимааш дар бораи хат-ми муассисаи тањсилоти олии касбї (нусхаи асл);

-нусхаи дафтарчаи мењнатї дар хусуси фаъолияти кори во-баста ба самт, равия ва ихтисо-си интихобкарда;

-6 дона сурати андозаи 3x4 см;

-маълумотномаи тиббии шакли 086-у;

-шиноснома ё њуљљат дар бо-раи тасдиќи шахсият.

3.3. Барои аз суњбат гузарони-дани довталабоне, ки тањсилоти дуюми олии касбї гирифтан мехоњанд, бо фармони ректори Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садрид-дин Айнї дар назди Комиссияи ќабули донишгоњ Комиссияи аттестатсионї таъсис дода меша-вад.

3.4. Комиссияи ќабули Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї њуљљатњои довталабонро баррасї намуда, барои аз суњбат гузаронидан ба комиссияи ат-

тестатсионии назди комиссияи ќабули Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї мефиристад. Пас аз суњбат гузаштан барои ќабул ба сафи донишљуён ќарори комиссияи аттестатсионї баро-варда мешавад.

3.5. Фармони ректори Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї барои ќабули донишљўён ба Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї барои гирифтани тањсилоти дуюми олии касбї на дертар аз 10 рўз пас аз гу-заштани су њбат дар асоси ќарори Комиссияи аттестатсионї баровар-да мешавад.

3.6. Ќабул ба Донишгоњи дав-латии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї аз рўи меъёри муайянкунан-даи маќоми донишгоњї ва Иљозатнома оид ба пешбур-ди фаъолияти таълимї, ки аз тарафи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон тасдиќ шудааст, ба роњ монда ме-шавад. Аз 1 то 5 октябр бо фармоиши вазири маори-фи Љумњурии Тољикистон аз тарафи Њадамоти давлатии назорат дар соњаи маориф гурўњи корї таъсис дода ме-шавад. Гурўњи корї масъалаи ќабулро дар донишгоњ мав-риди санљиш карор медињад. Дар сурати аз меъёр ва зами-маи Иљозатнома зиёд ќабул гардидани донишљуён фармо-ни ректор бекор карда меша-вад.

3.7. Ректори Донишгоњи дав-латии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї њуќуќ до-рад, ки танњо дар сурати пурра иљро нагаштани наќшаи ќабул то 30 сентябр ба фармонњои ќабули донишљуёни њамаи наму-ди тањсилот (шуъбањои рўзонаю ѓоибона ва тањсилоти дуюм) таѓйиру иловањо ворид намояд.

3.8. Ба Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї, ки имкония-ти ташкили имтињони ќабулро дорад, барои ќабули довтала-бон дар шуъбањои ѓоибона ва тањсилоти дуюми олии касбї аз 20 то 30 июл иљозат дода меша-вад. Эзоњ: Ба Ќоидањои ќабули

донишљўёни Донишгоњи дав-латии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї бо Ќарори Шўрои олимони Донишгоњ таѓйирот ворид кар-да мешавад.

ЌОИДАЊОИ ЌАБУЛИ ДОНИШЉЎЁН БА ДОНИШГОЊИ ДАВЛАТИИ ОМЎЗГОРИИ ТОЉИКИСТОН БА НОМИ САДРИДДИН АЙНЇ ДАР СОЛИ ТАЊСИЛИ 2012-2013

ДОНИШГОЊИ ДАВЛАТИИ ОМЎЗГОРИИ ТОЉИКИСТОН БА НОМИ САДРИДДИН АЙНЇАз рўи ихтисосњои зерин ќабули довталабонро эълон менамояд:

Тањсилоти томактабї; Тањсилоти ибтидої; Тањсилоти ибтидої. Забон ва адабиёти тољик; Тањсилоти ибтидої. Санъати мусиќї; Тањсилоти томактабї. Забони англисї; Олигрофенопедагог. Таърих; Психологияи амалї; Сурдопедагогика-информатика; Логопедия-тањсилоти ибтидої; Забони англисї; Забони англисї ва кореягї; Забони муосири англисї (тарљума); Забони англисї-хитої; Забони фаронсавї. Забони англисї; Забони олмонї.Забони англисї; Забони олмонї; Забони франсавї; Забон ва адабиёти рус дар мактабњои миллї; Забон ва адабиёти тољик; Забон ва адабиёти ўзбек; Забон ва адабиёти тољик. Алифбои ниёгон; Забон ва адабиёти тољик. Забо-ни арабї; Таърих; Таърих-њуќуќ; Танзими њуќуќии муносибатњои мењнатї; Муносибатњои байналхалќї; Таърих-забони англисї; Дизайни мањсулоти дўзандагї; Таълими касбї (Агротехнология); Технология (наќшакашї; Технология ва соњибкорї; Бањисобгирии бухгалтерї, тањлил ва аудит; Менељменти молиявии соњаи маориф; Иќтисодиёт; Математика; Математика-физика; Информатика; Математика-информатика; Химия; Химия. Биология; Химия. Эко-логия; Биология. Биология. Химия; Биоэкология; Биохимияи тиббї; География; География. Иќтисодиёт; География. Њифзи табиат; Хиз-матрасонии иљтимої, маданї ва туризм; География-биология; Фи-зика; Физика-математика; Таълими касбї. Энергетика; Таълими касбї. Радиоэлектроника; Физика-информатика.

САНАД

Page 10: Omuzgor #24 сайт 2013

№ 24 14-уми июни соли 201310 ОМЎЗГОР

НИГОЊАРЉГУЗОРЇ

ИФТИХОР

СУЊБАТ

Яке аз вазифањои асосии мак-таб омода намудани шахси пеш-рафтаю ташаккулёфта ва коми-лан саводнок ба њисоб меравад. Дар њалли ин вазифа мавќеи фан-ни забони модарї нисбат ба ди-гар фанњои таълимї болотар аст. Барои рушду инкишофи фикрию зењнии хонандагони синфи дуюм матнњои китоби дарсии «Забони модарї» (барои синфи 2) бисёр

мувофиќ аст. Матнњои дар кито-би дарсї овардашуда дар назди муаллимон ва хонандагон вази-фа мегузорад, ки:

1. Матнро ифоданок хонда та-вонанд ва ба аломатњои китобатї риоя кунанд.

2. Тањлили матн (хонанда бояд амиќ дарк кунад, ки дар матн су-хан дар бораи чї меравад).

3. Дар хотир нигоњ доштани љумлањои људогона аз матн

4. «Кор бо луѓатњо».5. Дар ин китоб (муаллифон

Б.Ѓаниева ва дигарон) матнњое, ки хонандагонро ба ватандўстї, саховатмандї, њурмати калон-солон, илмомўзию боѓайратї ва дигар сифатњои неки инсонї њидоят мекунанд, хеле фаровон ба чашм мерасанд.Чун намуна дарси 5-6-ро мео-

рем.(Забони мо – љањони мо)Дар ин дарс омўзгор хонан-

дагонро барои дўст доштани за-бону миллат, хуб омўхтани ди-гар забонњо, ифтихор аз забони модарї даъват мекунад.Супоришњои додашудаи матн

хонандаро ба њозирљавобї, мустаќилият ва тафаккурмандии эљодї омода мекунад.Саволњои додашуда:1. Дар матн сухан дар бораи

чї меравад?

2. Дар бораи забони модарї чї гуфта шудааст?

3. Мо бояд ба забони модарї чї гуна муносибат намоем?

4. Барои чї онро меомўзем?Ваќте ки бача ба ин саволњо

љавоб мегўяд, дар бораи ањамияти забон бисёр чизњоро фањмида мегирад.Ба калимањои забон, модар,

сухан, чашм саволњои мувофиќ гузоред:

Чї? Забон, кї? Модар – ва ѓ.4.Муќоисаи калимањо: хунук –

гарм, паст – баланд.5. Бо калимањои азиз, мењрубон

љумла сохтан…Мисол: Модарам барои ман

азиз аст.6.Аз матн калимањоеро, ки ба

саволњои Кї? Кињо? Чї? Чињо? љавоб мешаванд, људо карда ба дафтар навиштан.

7. Калимањои гўшнавозро бо њиљо људо кардан.

8.Ба катакњои холї њарфњои мувофиќ ёфта, онро пур кардан.Иљрои ин супоришњо хонан-

дагонро ба чусту чолоќї, беш-тар фикр кардан ва њозирљавобї њидоят мекунад.

Раљабгул САИДОВА, омўзгори мактаби №51,

ноњияи Рўдакї

КИТОБИ ПИСАНДИДА

ПАЖЎЊИШ

«Аз илм сипар кун ба њаводис, Аз илм ќавї си-пар набошад». Бани башар танњо дар заминаи гаравиш ба илм метавонад ободиву бехатарї ва бунёдкорињои имрўзу фардои хешро њифз ва таъ-мин бинамояд. Воќеан, илм мўљиби устуворию пой-дории давлат низ њаст ва онро метавон чун бунлоди давлату давлатдорї тавсиф бахшид. Равнаќбахшу машъалафрўзи илм, пеш аз њама, олимонанд ва аз ин љост, ки дар њама гуна љомеаи мутамаддин ба эшон арљ гузошта мешавад. Оли-мон ифтихори миллату давлатанд ва тавонмандии њар кишваре аз неруи аќлонии он, аниќтараш, аз сатњи тавонмандии олимонаш муайян карда мешавад. Ањли илмро њама љо бояд эњтиром карду ќадршиносї намуд, онњо сазовор ба њама гуна арљгузорию сипосмандиянд. Таљрибаи љањонист, ки дар бораи олимон ва рўзгори пурталоши эшон ки-тобу асарњо менависанд, бузур-гиашонро ситоиш мекунанд. Дар бораи олимон пайваста маќолањо нигошта мешаванд, шеърњо эљод мешавад.Мардуми тољик табиатан

эњтирому эътиќод ба ањли илм доранд, номи оли-монро бо эњтиром ба забон меоранд. Теъдоди зиё-ди олимони тољик бо навиштањову тадќиќоту каш-фиёту эљоду офариридањои хеш шуњрати љањонї пайдо кардаанд. Дар Тољикистони соњибистиќлол таваљљўњ ба олимон рўзафзун аст ва барои њаёту фа-ъолияти густурдаи эшон шароити зарурї фароњам оварда шудааст. Эътиќоду эњтироми мардум низ ба ањли илм ба маротиб афзуда. Солњои охир дар ин замина дар бораи олимони тољик силсилаи китобњо ва маќолањо ба нашр расиданд ва ин кор идома до-рад.Чанде пеш китобе бо номи «Олимони Рашт

ин силсиларо боз њам такмил бахшид. Ин китоб мутааллиќ ба ќалами нигорандагони хушзавќу ќадршинос Маъруфи Хушзод ва Неъматулло Ди-лоев буда, аз тариќи нашриёти «Ирфон» ба нашр расидааст. «Олимони Рашт» силсилаи маќолањоро

дар бораи 63 олиме, ки бархоста аз минтаќаи Раш-ти Тољикистонанд, дар бар мекунад. Маќолањо бо забони шевою сањењ ва дар заминаи далелњои фаровону тавсифу талилњои ихчаму љолиб нигош-та шудаанд ва муњимтарин љанбањои фаъолият ва зиндагии олимони минтаќаро баррасї мена-моянд. Маќолаи нахустини китоб, ки нисбатан бавусъат њам њаст, ба њаёту эљодиёту Ќањрамони Тољикистон Нусратулло Махсум бахшида шуда-аст. Ин фарзанди маъруфу вафодори халќи тољик дар баробари фаъолияти фарогиру пурбаракати сиёсию давлатдорї, дар мавзуоти таъриху фарњанг ва худшиносии миллї асарњои арзишманд низ на-виштааст ва шахси хеле оќилу фарохназар будааст. Ин маќолаи китоб дониши хонандагонро дар бо-раи Ќањрамони Тољикистон Нусратулло Махсум таќвият мебахшад. Маќолањои минбаъдаи китоби «Олимони Рашт» ба њаёту фаъолияти илмии оли-мони номвару варзидае, чун Акбар Махсумов (фар-занди Нусратулло Махсум), Ѓиёсиддин Мирољов, Абдусамад Самиев, Мусофир Кабудов, Садриддин

Нурзода, Ќандил Љўраев, Холназар Муњаббатов, Саидамир Љононов, Мирзохоља Пирзод, Кишвар Ризоев, Назрулло Сангинов, Эргаш Шоев… бахшида шудаанд ва аз њар љињат ќобили омўзиш ва таваљљуњанд.Бо мутолиаи китоби муњтавоманди

«Олимони Рашт» ин водии зебо-манзару хушбоду њаво ва зархези Тољикистон азиз чун ќаламраву илму маърифат ва фарњанги воло низ пеши назар љилвагар мешавад. Ин китоб як навъ тазкираи мукаммали олимони як водиро мемонад, ки дар асл анъанаест дерин дар тазкиранигории тољик. Он барои тањияи тазкираи мукаммали олимони Тољикистон, ки амали пур-манфиате хоњад буд, то бо њадде мадад-гор хоњад гашт. Оре, тазкирањои му-каммал дар заминаи чунин тазкирањо нигошта мешаванд. Китоби «Олимо-

ни Рашт» ањамияти муњими тарбиявї низ дорад ва хонандагон, бештар љавононро ба љодаи илму маъ-рифат, ба арсаи омўзишу тањќиќ њидоят мекунад, дар дили онњо нисбат ба ањли илм њисси баланди эњтирому муњаббат мепарварад. Илова бар ин, ки-тоби мазкур як навъ поси хотири олимони номвари зиндаёд ва низ арљгузории олимони барњаёт мањсуб меёбад…Муаллифони китоби «Олимони Рашт» омўзгор,

нависанда, рўзноманигор ва муњаќќиќ Маъруфи Хушзод (ў муаллифи 5 асари бадеї ва силсилаи маќолањои илмию методист) ва олими љавон Неъма-тулло Дилоев дар тањияву нигориши китоб зањмати зиёд ба харљ додаву кори шоистаеро фарљом бах-шидаанд. Ин гуна иќдом сазовори пайгирист.

А. МУРОДЇ,«Омузгор»

ИЛМУ ОЛИМРО СУТУДАН БОЯДО

- Дар таълимгоњи мо, - мегўяд директори мактаби тањсилоти миёнаи умумии №63-и ноњияи Шоњмансур Барно Сафарова, - соли тањсили гузашта бо файзу баракат ва комёбињои шои-стааш хотирмону нишотбахш гардид. Пеш аз њама, сатњи таълиму тарбия ва саводнокии хонандагон хеле боло рафт. Нисбат ба солњои пешин дар ин соли тањсил шогирдони мо дар озмуну мусобиќањои бо-нуфузи шањриву љумњуриявї бештар ширкат варзиданд.Директори мактаб зим-

ни суњбат бо мо аз рўи мизи дафтари кораш як даста суратњоро гирифта, ба мо ни-шон дод: - Инњо њама суратњои хонандагони фаъоланд. Мо аз онњо мефахрем. Б.Сафарова суратњоро як-як људо карда, дар бораи ин ё он хонандаи фаъол чанд њарфи пурситоиш мегуфт.

Таваљљуњи моро сурати дух-тарчаи ситорагарме љалб намуд, ки дар дастаи суратњо аз њама боло меистод. Њусни таваљљўњи моро сарвари мактаб зуд њис

кард.- Ин сурати хонанди синфи 1

«в» Тољинисо Набиева аст, - гуфт ў суратро боз њам бо ифтихор рўи даст гирифта. – Синфи якум-ро бомуваффаќият хатм намуд. Зењнаш тез ва азму ѓайраташ ќавист. Хондану навиштанро зуд ёд гирифт. Равону сањењу бесакта ќироат мекунад. Ово-зи шевою лањни гуворо дорад. Шеъри бисёре азёд медонад. Дар давоми соли тањсил дар як ќатор

чорабинињои тантанавии мактаб дар ситоиши Ва-тан, Модар, Истиќлолият, Наврўз… шеърхонї карда, сазовори тањсини њамагон гашт. Муаллима ва роњбари син-

фашон Азиза Њаќдодхонова њамеша ин шогирдашро таъ-риф мекунад, «духтараки бо-одобу китобдўст» мегўяд бо мењрубонии ифтихоромез…Аз ин суњбат моро ду

нукта бештар хушоянд буд: якум, маълумоти комили сарвари мактаб дар бораи њар як хонанда, дуюм, њисси баланди ифтихор аз хонан-дагони фаъол.

А.ИЛЁСПУР, «Омўзгор»

ТОЉИНИСОИ СИТОРАГАРМ

Мехоњам шахсеро муаррифї намоям, ки бо та-моми њастї омўзгор аст. Аз рўзе ки худро мешиносад, нон аз паи ин касб мехўрад. Ў худро бидуни мактаб та-саввур карда наметавонад.Аълочии маорифи

Љумњурии Тољикистон Азизмурод Ка-биров 7 майи соли 1953 дар дењаи Сун-булаи ноњияи Њисор дар оилаи дењќон ба дунё омада-аст. Соли 1978 о м ў з и ш г о њ и о м ў з г о р и и ноњияи Њисор ва соли 1980 ДДОТ ба номи Садриддин Ай-ниро хатм кардааст. Фаъо-лияти омўзгориро дар мак-таби миёнаи №43 (њозира 54) -и ноњияи Рўдакї ба њайси сарпешоњанг оѓоз кардааст. Аз соли 1987 то имрўз дар вазифаи сарвари мактаб фаъолият дорад.

-Устод, шумо ки тамоми умри хешро сарфи омўзгорї кардаед, аз љодаи интихобкар-даатон пушаймон нестед?

- Агар дуюмбора њам дар остонаи интихоби касб ќарор медоштам, омўзгориро пеша интихоб мекардам.

- Аз нигоњи шумо, омўзгори њаќиќї кист?

- Онест, ки худ доимо меомўзаду дигаронро меомўзонад ва бо дар-

ду шодии љомеа њамќадам аст. Шиори ў бояд чунин бошад: “Та-лаба машъалест, ки онро бояд барафрўхт”

-Вазъи имрўзаи маорифи кишварро чї гуна арзёбї меку-нед?Њукумати Љумњурии

Тољикистон, махсусан, Пре-зиденти кишвар Эмомалї

Рањмон ба ин соња диќќати њ а м е ш а г ї медињанд. Аз ин рў, соња мунтазам пеш меравад, так-мил меёбад. Ањли маориф бояд шоиста ба ѓамхорию д а с т г и р и њ о и П р е з и д е н т ва Њукумати љумњурї фаъо-лият намоянд.

-Мехостам чанде аз омўзгоронеро номбар кунед, ки дар тањкими фаъолияти таълимгоњатон сањми назар-рас доранд

- Сангимурод Худойназаров, Ширин Саидов, Њасан Шари-фов, Давлатпочо Маликова ва чандин нафари дигар. Онњо устодони касби хеш гаштаанд. Ба ањли таълиму тарбия

дар давраи таътил истироњати бофароѓат таманно дорам. Ме-хостам дар баробари истироњат ба худомўзию худтакмилбахшї низ машѓул бошанд.

СуњбатороГулрухсор Нарзиева,муаллимаи мактаби№54, ноњияи Рўдакї

ТАЪТИЛРО БО ОМЎЗИШ БОЯД ДАРОМЕХТ

Page 11: Omuzgor #24 сайт 2013

№ 24 14-уми июни соли 2013 11ОМЎЗГОР ОДОБИ ЊАМИДА

Бархе аз љавонон ќоидањои роњравиро риоя намекунанд. Онњо бо намоишкории худ ба аломатњои роњу сигналњо бо телефонњои мобилии худ дар воситањои наќлиёт ба ќоидањои њаракати мошинњо эътибор на-дода, роњро убур мекунанд. Дар чунин њолатњо онњо на љасорат, балки бемасъулиятї зоњир меку-нанд.Онњо на танњо љони худа-

шон, балки њаёти ронандањо ва дигаронро, низ зери хатар мегу-зоранд.Одатан пиёдагардњо бояд аз

тарафи рости пайрања раванд. Барои он ки шумо ба дигарон бар нахўред, монанди њаракати наќлиёт дар кўчањо њаракат намо-ед. Агар рафту бо вай бархўрдед, аз ў узр пурсед. Агар касе дар кўча шитоб дошта бошад, ба ў аз

тарафи рости пайроња роњ дињед. Ба кўдакон, мўйсафедон, азизону дардмандон барои аз кўча гу-заштан мадад расонед. Агар дар пайроња як гурўњ

одамон равон бошанд, бояд онњо дунафарї ё сенафарї раванд, то њаракати рафту омад дар кўчањо душвор нашавад. Дар роњ гап за-дан тавассути телефонњои мобилї манъ аст, агар гап заданї бошед, аз роњрав берун баромада, дар љойњои беодам гуфтугў намоед. Агар пайрања танг бошад,

истодан даркор, то ки аввал кўдакон, занњо ва мўйсафедон гузаранд, шумо аз дунболи онњо равон шавед. Агар бори зане, духтаре, мўйсафеде вазнин бо-шад, ба онњо мадад расонед.Агар дар дастатон чатри ноку-

шода бошад, нўги тези онро поён нигоњ доред, то ки ба роњгузарон зараре нарасад. Њангоми кушо-дани чатр ба атрофиён нигаред, то ки аз чатри кушодаи шумо зарба нахўранд. Агар зери чатр зану мард бошанд, бояд чатрро мард ба дасти худ гирифта равон шавад. Агар ду мард ё ду љавон зери чатр равон бошанд, шахси хурд чатрро бояд ба дасти худ гирад. Дар ваќти дар кўча раф-ту омад кардан, ба касе нигоњи пурњайрат накунед, ба касе луќма напартоед, ба шахсоне,

ки нуќсон ё айбе доранд, масха-ра карда нахандед. Агар дар роњ шахсони наздикатонро бинед, ба онњо салом дињед, агар бо онњо гап заданї бошад, аз роњрав як тарафа истода паст суњбат намо-ед, то ин ки ба шахсони равуой мекардагї халал нарасад. Дар роњрав агар бо духтарони ши-носатон равуой мекунед, танњо нагузаред, ин аз рўи одоб нест, вай аз шумо меранљад. Агар дўсти наздикатон дар њалќаи одамон нишаста ё истода бо-шед, аз роњашон надоред, зеро онњо дар хиљолат мемонанд. Ши-носи шитобдоштаро аз роњаш нигоњ надоред, чунки вай кори заруре дорад. Ё шумо дар ши-тоб њастед, шахси шиносатон ба шумо вомехўрад, аз ў узр хоњеду суњбатро ба ваќти дигар гузореду равон шавед. Њолатњое мешавад, ки шахсе

аз шумо ягон кўча ё ягон корхо-наи давлатиро аз шумо мепур-сад, зуд ба вай кўмак намоед. За-рур аст, ки ба ин гуна шахсон кори хайреро кунед, яъне ба вай љавоби аниќро гўед, агар аз уњдаи пурсони вай набароед, шахси ди-гарро одобона пурсида, тавас-сути ў ёрии худро расонед. Ба аќидаи рўњшиносон одамон на ба њама, балки бештар ба одамони дидадаро ва ситорагарм рў мео-

ранд. Пас, мо бояд ин таваљљўњи онњоро ќадр карда, ба бовариа-шон сазовор шавем. Мо њамаваќт дар воситањои

наќлиёт ба њолатњое вомехўрем, ки аксарияти одамон ќоидањои рафторро дар љойњои љамъиятї вайрон менамоянд. Воќеан, мо медонем, ки њамаваќт кўдакон, мўйсафедон, занњо ва ољизон аз дари наќлиёт даромада, дар љойи дилхоњашон бинишинанд. Дар наќлиёт бояд одамон бо навбат дохили он шаванд. Ду шакли муносибат вуљуд

дорад: «Ту» ва «Шумо». Барои ин шаклњои муносибат, синну соли њамсуњбатро низ ба назар бояд гирифт. Дар ваќти сухан гуфтан шахси калонсол ба хурд-сол «ту» гуфта мурољат намояд, боке нест, аммо баръакс шуда-наш ѓайри имкон аст. Њангоме ки аз шахси сеюм сухан меравад, аз љонишинњои «ў» ё «вай» исти-фода бурдан мумкин нест, лекин ному насаби шахсро гиред, хело хуб мешавад. Баъзе ваќтњо мегўянд: Дух-

тарон, ин билетро (ё дафтарро) дароз кунед ё сухани дигар та-лаффуз карда мешавад. Занак, рўймолчаатон афтид ва ѓайрњо. Ин хел суханњо ё муносибат аз рўи одоб нест. Агар калимаи «рафиќ» маъќул

набошад, бењтараш онро истифо-да набаред. Чунин гуфта бамав-рид аст: «Илтимос, ин билетро (ё дафтарро) дароз намоед». Одами хуб, дурандеш,

њамаваќт њаракат мекунад, ки дигарон наранљанд ва хафа шудани шуморо њис накунанд. Одамони бадмуомила, дурушт, беобрў ва сергапро њама бад ме-бинанд.Суханњое, ки одамон дар

љамъомадњо оид ба ягон масъала бањс мекунанд, гўш дода, њолатњои хуби масъалаи бањсшударо ба худ љалб мекунад.Шахси бомаърифат, бома-

даният босаброна сухани дига-ронро эњтиромона гўш дода, бо як чењраи мењрубонона ќабул мекунад. Шахсони хушмуомила таваљљуњи дигаронро ќадр меку-нанд.Некўкору сипосгузоранд ва ба

некї љавоб мегўянд. Дараљаи олии мењрубонї

хушмуомила будан аст. Зуд фањмидани майлу хоњиш ва эњтиёљи атрофиён ва рањму шафќат асоси онро фароњам мео-варад.

Ёрмуњаммад ЊОМИДЗОДА,Икромхон НАЗАРОВ, муаллимони кафедраи

математикаи олии коллељи техникии ба номи М. Осимї

арафи рости пайроња роњ дињед.таа кўдакон, мўйсафедон, азизонуБа

б

ки нуќсон ё айбе доранд, масха-ра карда нахандед. Агар дар роњ

б б

ранд. Пас, мо бояд ин таваљљўњионњоро ќадр карда, ба бовариа-

набошад, бењтараш онро истифо-да набаред. Чунин гуфта бамав-

И б

Рости гап, аз шу-нидани чун ин хабару воќеањои шум хеле њам мутаассир меша-вам. Мутаассифона, имрўз ахлоќи љомеа, бахусус, љавонон, на-врасон ва кўдакон бисёр коњиш ёфта-аст. Дур шудан аз маърифат, фарњанг, бечунучаро, боиси коњиш ёфтани ахлоќ мегардад. Љавононе, ки бадахлоќанду бе-маърифат, ояндаи миллато ба гирдоби бало меандозанд. Мавлоно Љалолиддини Балхї дар ин маънї хеле хуб гуфтааст:

Беадаб танњо на худро дошт бад, Балки оташ бар њама офоќ зад.Оре, беодобиву бадахлоќии иддае аз

љавонони шањри Душанбе на танњо доѓ барои сокинони шањри мо, балки доѓест барои љомеа. Имрўзњо дар тамоми мако-тиби шањри Душанбе нисбат ба илмомўзии толибилмон диќќати махсус зоњир меку-нанд. Албатта, ин иќдом сазовори тахсину офарин мебошад, аммо мо саргарми аз-худкунии илму дониш гашта, нуктаи бисёр њассосро ќариб фаромўш намудаем. Барои инсони комил гаштан танњо илму дониш не, балки, пеш аз њама, одобу ахлоќ, тарби-яи дуруст ва шуури баланди ахлоќї наќши асосиро мебозад .Ба суоле, ки «Гунахкори асосии ин

њама бесарусомонињо кї ва ё чист?» посухњои гуногун мешунавем. Яке интер-нетро гунањгор мешуморад, дуввумї оила, дигарї мактабро. Аъзои оила ба ин суол тањќиромезу пурхашм «гунањгори асосии ин њама мактаб мебошад»- гўён ин масъу-лиятро бар дўши устодон мегузоранд. Аммо устодон бошанд, гунањкори асосї оиларо њисобида, масъулиятро бар дўши волидон вогузор мекунанд. Магар аз масъ-улиятро бар дўши якдигар вогузор кардан вазъият таѓйир меёбад? Ба фикри ман, на! Гунањгори асосї њам оила, њам мактаб ва њам љомеаи имрўзаи мост.Инсон аз лањзаи таваллуд то марг дар

маркази секунљае љойгир аст, ки аз он њаргиз ба-ромада наметавонад. Мо дар оила тавлид ме-шавему ба воя мерасем, дар мактаб таълиму тар-бия мегирем, дар љомеа чун шахсият шинохта мешавем. Гунањгори дигари ко-

сташавии одобу ахлоќи наврасону љавонон сомонањои интернетї мебошанд. Дуруст аст, ки мо аз интернет маъ-лумоти бароямон лози-маро зуд дарёфт мена-

моем. Аммо шахсоне пайдо мешаванд, ки онро бар зарари мо коркард намудаанд. Сабаби ба љиноятњои вазнин, аз ќабили таљовуз ба номус, терроризм, экстремизм, куштор, дуздї ва ѓайра даст задани иддае аз љавонони чаласаводи булњавас видео-роликњо, филмњои таљовузкорона аз сайтњои гуногуни интернетї мебошанд, ки љавонони моро зудбовар, берањм, ќотил, дузд ва беэњтиром нисбат ба дигарон ме-созанд.Хушбахтона, дар гимназияи мо, ки

тањти сарпарастии бевоситаи раиси шањр, дилсўзи њаќиќии соњаи маориф Мањмасаид Убайдуллоев ќарор дорад, ин гуна хонан-дагон вуљуд надоранд ва вуљуд дошта њам наметавонанд, зеро дар гимназия тамоми шароитњо барои тарбияи њаматарафаи мо, наврасон, муњайё гардидаву устодони соњибмаълумоту пуртаљриба, ки мењнати њар кадоме аз онњо сари ваќт ќадр мегар-дад, дарс мегўянд ва эшон сараввал ба одоб, баъдан, ба дониши хонандагони гимназия диќќати махсус зоњир менамо-янд. Таљрибаи пешќадами гимназияи мо баръало исбот менамояд, ки агар дар та-моми макотиби љумњуриямон, пеш аз њама, ба одоби хонандагон ва баъд ба дониши онњо ањамияти бештар дињанд, костагињо дар рафтори насли наврас он зуд бартараф мегарданд.

Фариза ХОЛИЌОВА, хонандаи гимназияи №2, барои

хонандагони болаёќати шањри Душанбе

АХЛОЌ НИГАРОНЇ

БЕАДАБ ТАНЊО НА ХУДРО ДОШТ БАД

ТАРБИЯ

Хобгоњ ба талаботи замон пура љавогў набошад њам, дар њар њуљраи алоњида се ё чор нафар донишљў зиндагї меку-нанд ва ин њуљрањо ба ќадри зарурї бо мизу курсии таълимї таъмин мебошанд. Инчунин, дар њар як ошёна толори ва-сеи дарстайёркунї мављуд аст. Дар ошёнаи якуми хобгоњ ќироатхона мавќеъ дорад, ки аз он љо аксарияти китобњои лозимаро ёфтан мумкин аст. Мутаассифона, аксари донишљўён аз ин шароити мављуда хуб ва самаранок истифода намебаранд. Имрўзњо дохили њуљрањои

донишљўён мешавам ва ме-бинам, ки кам аст теъдоди донишљўёне, ки дар фикри хондан бошанду илм омўхтан ва бедорхобї бикашанду илм омўхтан. Баъзеи онњо бо хаёлоти хоми худ ояндаи худро сохта, барои хизмат накардан дар сафи Ќуввањои Мусаллањи љумњуриамон ба донишгоњњои мамлакат до-хил мешаванд. Њамчунин, донишљўёне бо

сухани бофтаю бењуда номи масъулони хобгоњ ва маъму-рияти донишгоњро зери по мекунанд. Фикр мекунам, ки ин амалест носањл, зеро худ дар хобгоњ зиндагї мекунию

лек хобгоњро боз њамчун љои ифлос муаррифї намої! Бо чунин андешаву мафкураи танг чунин донишљўён боре андеша намекарда бошанд, ки оянда кї мешаванд. Ди-даю дониста «ба решањои умри худ теша мезананд» ва

худ хабар надорад, ки оян-даашон чї гуна аст. Њатто нафароне низ

њастанд, ки дар хобгоњ зиндагї намекунанду бо су-ханони љонхарошашон ба си-наи садњо љавонони баномус неш мезананд. Њол он ки чу-нин шароит шояд дар хонаи онњо набошад. Ба љои чунин рафтор намудан бояд пой ба гирдоби илм гузорем, то ѓарќи он шуда, омўзем, касб аз худ намоем ва омўхтаи ху-дро ба дигарон омўзонем.

Зафархони МИРАЛЇ, донишљў, шањри Кўлоб

Дар литсейи №2 барои хонандаго-ни болаёќати шањри Душанбе бо акаде-мик, ноиби Президенти Академияи улуми Тољикистон, узвивобастаи Академияи улу-ми Тољикистон, доктори фанњои биология, мудири кафедраи биологияи Донишгоњи миллии Тољикистон, Президенти созмони «Олимањои Тољикистон» Муњиба Яќубова ва доктори илмњои биологї, директории Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон ба номи Е.Павловский Абдусаттор Саидов вохўрии омўзгорон ва хонандагон баргу-зор шуд. Вохўриро бо сухани муќаддимавї муаллимаи биология Л.Мамадљонова оѓоз намуд. С.Усмонова номзади илмњои филологї, аз зиндагиномаи пурѓановатї академик Муњиба Яќубова, аз кашфиёт ў дар соњаи биология суханронї намуд.

Хонандагони синфи 10 Сурайё Воњидова дар мавзўи «Хусусиятњои клиникї ва ана-томию физиологии сохтори узви босира» ва Ганљина Гулова дар мавзўи «Љигар ва вазифањои он» корњои илмии худро бо ис-тифода аз проектору компютер дар назди мењмонон њимоя намуданд.Муњиба Яќубова дар баромади худ ба

корњои илмии хонандагони литсей бањои баланд дод. Ў хонандагонро даъват на-муд, ки бештар ба корњои хурди илмї дар соњаи экология машѓул шуда, дар назди Академияи хурд фаъолият намоянд. Ў дар бораи зиндагиномаи хеш маълумот дода, зикр кард, ки замоне хонандаи мактаб буд ва орзуњои фаровон дошт. Аз паи орзуњо ба Донишгоњи миллии Тољикистон дохил шуда, онро бо дипломи аъло хатм намуд. Дар натиљаи мењнатњои зиёд то ба зинаи академикї расид. Хонандагони литсей аз суханронии Муњиба

Яќубова неруи тоза гирифта, ба ў саволњо додан два посухњои мушаххас гирифтанд. Абдусаттор Саидов дар бораи таърихи пайдоиши Институти илмии тадќиќотии зоология ва паразитологияи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон ба номи Е.Павловский маълумот дод. Љамъомадро љонишини директор оид ба корњои таълим М.Нарзиќулов љамъбаст намуда, ќайд намуд, ки чунин вохўрињо барои пешрафти таълиму тар-бия, сифати тањсилот, тарбияи маърифатмандї, зебопарастї, экологї ва њаёти солими хонандагон мусоидат менамояд.

Тољинисо САФАРОВА,омўзгори литсейи №2-и шањри Душанбе

ЊАЗОРУ САД ХЕЛ СУХАН

ВОХЎРЇ

БА ИЛМ БОЯД ГАРАВИД

Page 12: Omuzgor #24 сайт 2013

№ 24 14-уми июни соли 201312 ОМЎЗГОР ТАЪЛИМ

Њодисањои физикї, ќонунњо, назарияњо бояд бо њаёт, бо воќеият алоќаманд омўзонда шавад. Физика – фанест, ки њодисањои

табиатро меомўзад. Њар як кор ва њаракати мо бо ќонунњои физика иртиботманд аст. Дар ваќти баёни мавзўи нав

ман бештар ба мисолњои аз њаёти мањал гирифташуда диќќати хо-нандагонро љалб месозам.

1) Талабагони синфи 7 бори ав-вал ќонунњои физика, њодисањои физикаро дар амал татбиќшаванда будани онњоро мушоњида менамо-янд. Масалан, дар ваќти гузашта-ни мавзўъи «Чен кардани дарозї, масоњат ва њаљм» баъд аз он, ки дар бораи таърихи ба вуљуд омадани ин ченакњо маълумот додаву маз-муни физикаи онњо тавзењ бахши-да шуд, мо роњњои чї гуна чен кар-дани дарозї, масоњат ва њаљмро бо мисолњои мушаххас, монанди чен кардани дарозии кўча, майдончаи назди мактаб, њаљми синф ё хонае, ки дар он талаба зиндагї мекунад, шарњ медињем. Барои дар амал татбиќ намудани њамин дониши назариявї бад аз дара бо ёрии та-лабагон масофаи байни ду дарахт (50 метр), дарозии девори мак-таб (45м), масофаи байни ду кўча (200м), масоњати як ќисми ќитъаи замини назди мактаб, ки алаф ко-рида шудааст (34х24=816м2) њаљми анбори ангишти мактаб (3х2,5+1,2)м)=9м3 ва дигарњоро чен карда, њамин чи гуна дорои ањамияти ка-лон будани ин бузургињоро дида баромадем.

2) Баъд аз ташрењи мавзўи «Чен кардани вазни љисм» талабагон-ро ба лабораторияи мактаб бур-да љисмњои гуногунро (сангњои тарозу) бо тарозуњои дањии дар он љо буда баркашидем ва боз бо тарозуњои пружинагї ин амалро

такрор кардем, ки њарду тарозу њам як адади муайянро нишон до-данд. Бо њамин, талабагон боварї њосил намуданд, ки тарозуњо бо кадом шакле, ки сохта нашавад, вазни муайяни љисмро якхел ни-шон медињанд. Дар баро-бари ин онњо малакањои мустаќилона муайян наму-дани вазни љисмро њосил намуданд.

3) Доир ба мавзўи «Фишор ва татбиќи он «мисолњои зерин, ки тала-багон онњоро баъд аз дарс намуданд, оварда шудаанд: агар автомашина ё матосикл дар болои замини мулоим њаракат кунад, ѓилдиракњои онњо меѓўтанд, зеро фишо-ри љисм ба сатњи такягох мутаносиби чаппа мебо-шад. Барои аз фишор истифода бурдан дар корњои хољагї одамон олати кориро тавре месозанд, ки сатњи такягоњашон нињоят кам бо-шад. Бо ин бел, зоѓнул, омоч, плуг, оњани љуфт, дандонањои мола (борона), табар, дос, чоршоха ва њоказо дохил мешаванд. Барои кам кардани фишор дар трокто-ри тасмачарх сатњи такягоњи онро зиёд менамояд.

4) Барои фањмонидани механизмњои сода, (яке аз намудњои ин гуна механизмњо фашанг мебошад) талабагонро ба осиёби обї ва сохтмони иморатњо бурда нишон медињем, ки дар онљо барои бардоштан ё аз якљо ба љои дигар гузоштани борњои вазнин мисронро њамчун фишанг истифода мебаранд. Ба шаклњои соддатарин фашанг зоѓнул, бел, ќаланд, дос, хаскашак (грабли), панљшоха… дохил мешавад. Дар натиљаи мушоњида худи талабагон хулоса мебароранд, ки дарозии

бозу нисбат ба тири такягоњ чї миќдор зиёд шавад, њамон ќадар кам ќувва бурд карда, вале аз ма-софа бой медињем.

5) Хонандагон дар синфи VIII бо ќисми ба онњо нави физикї: гармї ва электрик шинос ме-шаванд. Онњо дар ин ќонунњо њодисањои навро меомўзанд, бо назарияњои нав ошно мешаванд ва доираи фањмиши онњо нисбатан васеъ мешавад. Онњо дар синф ав-вал сабабњои аз гармї васеъшавии љисмњоро меомўзанд. Барои дар

амал дидани ин њодиса, талабагон симњои электрикї ё телефонро, ки дароз шуда мелапанд, вале зими-стон аз хуникї фишурда, таранг ка-шида мешаванд, месанљанд. Њамин њодисаи аз гармї восеъшавї ва аз хунуки фишурдашавиро онњо дар моеъњо ва газњо низ мушоњида ме-намоянд.

6) Дар синфи IX низ бисёр мавзўъњоро бо истењсолот ва воситањои истењсолоти хољагии ќишлоќ алоќаманд кардан мумкин аст. Масалан, дар ваќти гузаштани мавзўи «Инерсия», љамъ ва аз њам људо кардани ќуввањо назарияро бо амалия чунин алоќаманд менаму-дем: Талабагонро бо мошини «Га-зел» савор карда, аз ронанда илти-мос намудем, ки дар ягон масофаи маьлум мошинро аввал мунтам ронда баьд суръатри онро таѓйир дихад ва дар љои нишебї, маторро (муњаррикро) хомўш кунад. Дар ин ваќт талабагон њодисаи зерин-ро мушоњида намуданд : баробари

ба пеш њаракат кардан ва инчунин дар ваќти таѓир додани суъати (ба тарафи зиёдшавї) автомобил онњо ба ќафо њам шуданд . Онњо инчунин мушоњида намуданд, ки њангоми дар нишебї хомўш кар-дани мотор, мошин наистод, бал-ки њаракаташ бетаѓир идома ёфт. Дар ваќти муњокима талабагон љавоб доданд, ки сабаби њамаи ин њодисањо инерсия мебошад ва тасдиќ намуданд, ки дар њаќиќат љисм њаракати росхатаи мунтазам ва оромии нисбияшро то дами таъ-

сири љисми дигар нигоњ медорад.

7) Дар синфи Х до-ниши талабагон аз физи-ка боз њам васеъ меша-вад. Дар ин синф онњо ба бевосита омўхтани асосњои истењсолот сар мекунанд. Бинобар он татбиќи ќонунњои физи-киро дар амал боз њам зиёдтар њис менамоянд. Масалан, баъди омўхтани «Ќуввањои марказгурез ва марказ шитоб» хо-нандагонро ба мошина

ба ферма бурда шинос менамо-ем. Хонандагон мебинанд, ки дар натиљаи чарх занондани он ќувваи марказгурез зиёд шуда, равѓан аз кабани шир људо мешавад. Дар мошинањо пахтахушккунак ва ин чунин либосхушккунак низ њамин ќонунњо татбиќ карда мешавад.

8) Хонандагони синфи ХI дар бораи электрик тасаввуроти умумї доранд. Минбаъд онњо до-нишашонро дар ин соња ва васеъ-тар менамояд. Воќеияти ин ќисми физикаро талабагон дар њама љо мушоњида карда метавонанд. Онњо, татбиќи љараёни доимиро аз љумла, дар батареяњои гуно-гун, аккумуляторњо, ки дар радио, машинањои гуногуни хољагињо, лампањои кисагї ва дар бисёр љойњои дигар кор фармуда ме-шаванд, дида метавонанд. Аз ќонунњои љараёни доимии элек-трик истифода бурда, интихоб на-мудани намуди ноќил дар истифо-дабарии љараёни электрикї дорои

ањамияти калон мебошад. Талаба-гон аз ин пеш дар њайрат буданд, ки аз чї сабаб бештар ноќили электргузарон бисёртар аз миз ва алюминий сохта мешавад. Баъди омўхтани мавзўи «Муќовимати хоси ноќилњо» фањмиданд, ки са-баби ин дар он аст, ки муќовимати хоси мис ва алюминий нисбат ба дигар маталлњо (ноќилњо) хеле кам мебошад. Барои ба ин боварї њосил

кардан хонандагон ноќилњои аз металлњои гуногун сохта шуда-ро месанљанд ва мефањманд, ки дар њаќиќат, ќувваи љараён ба муќовимати ноќил мутаносиби чаппа мебошад.

9) Дар замони радио васеъ исти-фода мешавад.Омўхтани мавзўи «Лаппишњо ва

мављњои электромагнитї». Ба хонан-дагон мефањмонем, ки бо зиёд шу-дани дарозии антенна мављи ќабул кардаи электромагнитї њам зиёд мешавад. Ин мављи электромагнитї ба ѓалтаки индуксионї дохил шуда, дар он индуксияи электромагни-тиро ба амал меорад. Индуксияи электромагнитї зуд лаппиши са-догиро дар бар мегирад. Дедек-тор ин зуди лаппишро ба телефон медињад, ки мо онро њис менамоем. Њамин тавр, приёмники дедектори аз њисоби энергияи худи мавље, ки ба воситаи антенна дохил мешавад, кор мекунад.Хулоса, мисолњои аз таљриба

овардашуда нишош медињанд, ки чї гуна дар ваќти бо амалия алоќаманд намудани таълими физика дар њаёт зиндагї фаъоли-ятнокии хонандагон меафзояд, љањонбинии илмии онњо васеъ ме-шавад, ќобилияти онњо дар татбиќ намудани ќонунњои физикї дар воќеияти њаёт афзун мегардад. Бо њаёти воќеї алоќаманд наму-

дани њар як мавзўи фанни физика ба ањамияти калон молик аст ва пеш аз њама, ба омўзиши амиќу даќиќи мавзўњо мусоидат менамояд.

Юсуф АМИНОВ,омўзгори физикаи мактаби №

10, шањри Вањдат,Аълочии маорифи Точикистон

ДАРС

ИРТИБОТ БО ВОЌЕИЯТ – ГАРАВИ МУВАФФАЌИЯТ

Њодисањои физикї, ќонунњо, такрор кардем, ки њарду тарозу

бмксо

бгашњ

Маълум аст, ки як ќабати таркиби луѓавии забони тољикиро калимањои арабї ташкил медињанд. Дар забони арабї, ки яке аз забонњои флективї ба шумор меравад, калимањо ба флексияи дохилї дучор меша-ванд ва маъноњои навро соњиб мегарданд.Дар барномаи мактабї оид ба ќолабњое,

ки аз калимаи феъл сарчашма мегиранд, соат људо карда шудааст, аммо дар кадом сатњ будани савияи дониши шогирд оид ба ин мавзўъ аз мањорату малакаи устод вобаста мебошад.Муаллимро зарур аст, ки ин соатро

пурмањсул истифода барад ва моњияти вазнњои забони арабиро (танњо дар доираи ќолабњое, ки дар забони тољикї истеъмол ме-шаванд) ба шогирдон фањмонида тавонад. Ба андешаи М.Ќосимова, дар забони

арабї калимасозї бо роњи флексияи дохилї (дар натиљаи шикастани реша) ба амал мео-яд, аз ин сабаб калимањои њамреша пайдо мешаванд. Дар забони тољикї калимањои иќтибосии арабии њамреша зиёданд.А. Байзоев доир ба ин масъала муфассал-

тар маълумот медињад:«Феълњои забони арабї вазн (боб)-њои

махсус доранд, ки барои ифодаи маънои махсуси аз њамон як реша сохташуда хизмат мекунад. Миќдори вазнњо (бобњо) аз забони

арабї 15-то мебошанд, ки ба забони тољикї бештар аз вазнњои I, II, III, IV, V, VI, VII , VIII ва X калимањои зиёд иќтибос шудаанд». Мувофиќи калимањое, ки аз забони

арабї иќтибос шудаанд, ќолабњои зеринро мушоњида кардан мумкин аст, ки тавассути онњо исмњои ифодакунандаи феъл ба тарки-би луѓавии забони тољикї ворид гаштаанд:

1. Фо/ъ/ил-ношир, мафъул-мазкур (вазни I);2. Тафъил-танќид, муфаъ(ъ)ил-мунаќќид,

муфаъ(ъ)ал-мурассаъ (вазни II);3. Муфоъила-мурофиа, муфоъил-муќобил,

муфоъал-муборак (вазни III);4. Ифъол (эфъол)-иќбол, муфъил-мушкил ,

муфъал-музтар (вазни IV);5. Тафаъ(ъ)ул-ташаккур, мутафаъил-

мутафаккир (вазни V);6. Тафоъул-такомул, мутафоъил-мутаќориб

(вазни VI) ;7. Инфиъол-интиќол, мунфаъил-мунњариф

(вазни VII);8. Ифтиъол (эфтиъол)-эътиќод, муфтаъал-

мунтахаб, муфтаъил-мустаќил, (вазниVIII); 9.Истифъол-истиќлол, мустафъал-

мустањкам(вазни Х).Ќайд кардан бамаврид аст, ки муфоъила

шакли таѓйирёфтаи ќолаби муфоъалаи за-бони арабї мебошад. Бо вазни фаъ(ъ)ол низ калимањои зиёде сохтан мумкин аст. Вазни номбурда дар китоби А. Байзоев «Мушкило-ти таълим ва омўзиши алифбои ниёгон» зикр наёфтааст. Дар асоси ин ќолаб калимањои аз ќабили наќќош, рассом, Љаббор ва ѓ. сохтан мумкин аст. Бо ќолабњои мазкур аз як реша метавон чандин калима сохт, ки ин калимањоро дар маљмўъ, калимањои њамреша номидан мумкин аст. Масалан, аз решаи «њукм» чунин калимањоро метавонем сохт: њоким-фоъил, мањкум-мафъул; тањким-тафъил; муњокима-муфоъила; истењком-истефъол, мустањкам-мустафъал.

Ѓайр аз вазнњои калимасозї дар забони арабї љамъбандии калимањо низ бо ќолабњои гуногун сурат мегирад ва вазни афъол шакли љамъи исмњоро месозад, ки ба ваз-ни чорум (ифъол) монанд аст (шахс-ашхос, фард-афрод). Инчунин, вазнњои фуъул (расм-русум, илм-улум, фан-фунун), фуъало (адаб-удабо, алаф-улафо) ва мафоъил, ки ин вазн бештар дар исмњои макону замон ба чашм мерасад (минтаќа-манотиќ, маљлис-маљолис, мактаб-макотиб,) тавассути шикаста шудани решаи калима шакли љамъ месозанд.Дар натиљаи хуб аз худ намудани

мавзўъ шогирдон дар дарсњои оянда онро мустањкам карда метавонанд. Яъне, муал-лим дар мавриди гузаштани мавзўи нав ба вазнњои калимањои арабиасос бояд диќќати махсус дињад. Муаллим метавонад ба шогир-дон супоришњои алоњидаи берун аз китоби дарсї, аз ќабили рўзномањо ё барномањои телевизионро дода, онњоро водор намояд, ки калимањоро бо вазнњои номбаршуда нави-санд ва аз онњо калимањои дигар созанд. Оид ба калимањое, ки њамсадои мушаддад

ќабул мекунанд, имрўз яке аз масъалањои муњим ба шумор меравад. Чунки дар навиш-ти калимањо бо чунин ѓалатњо, чї дар љараёни дарс ва чи берун аз он тез-тез вохўрдан мум-кин аст. Барои рафъи ин ѓалат муаллимон бояд роњу усулњои гуногуни таълимро, аз ќабили ёфтани решаи калима, аз як реша та-вассути вазнњо сохтани калимањои њамреша, аз матн калимањо бо њамсадои мушаддадро муайян кардан ба кор баранд, то ки шогирд асли моњияти омўхтани ин вазнњоро дарк кунад. Таълими ин мавзўъ барои шогирд аз

ањамият холї нест. Ањамияти мавзўи ном-бурда ва таълими он аз ин љињат муфид ме-бошанд:

I. Дар њуруфи форсї:а) роњ надодани ѓалат дар имло. Масалан,

бо ќолаби фоъил калимањо дар њиљои дуюм аломати касра мегиранд, на ин ки њарфи «ё», дар ќолаби фаъил бошад, њамаи калимањо дар њиљои дуюм бо њарфи «ё» навишта меша-ванд. Дар сурати навиштани калимањо бо ин ќолаб, агар њиљои дуюм касра ќабул кунад, ѓалати имлої ба њисоб меравад;б) сохта тавонистани калимањои зиёд ;в) муайян карда тавонистани баромади

арабии калимањо ва маънои луѓавии онњо.II. Дар хати кириллї:а) роњ надодан ба хатоњои имлої дар

калимањое, ки њамсадои шадда мегиранд. Барои он ки ќолабњои фаъ(ъ)ол, муфаъ(ъ)ал, тафаъ(ъ)ул, мутафаъ(ъ)ил аломати таш-дид мегиранд ва тамоми калимањои бо ин ќолабомада њатман ташдид ќабул мекунанд ва дар забони тољикї бо њамсадоњои такрор сабт мегарданд.б) муайян карда тавонистани баромади

арабии калимањо ва маънои луѓавии онњо.Мисолњои зерин бо вазнњое, ки ташдид

ќабул мекунанд, сохта шудаанд:Фаъ(ъ)ол: наќќош, рассом, баќќол,

наљљор;Муфаъ(ъ)ал: мурассаъ, мураккаб, мукам-

мал, мунаќќаш, муаттар;Тафаъ(ъ)ул: ташаккур, такаббур, такал-

лум, таљассум, табаррук; Мутафаъ(ъ)ил: муташаккир, мутакаббир,

мутаассир, мутааллиќ;Маќсади мо аз овардани ин роњи

калимасозї аз он иборат аст, ки хонандаи имрўз новобаста аз синну сол барои бой гар-дидани фонди луѓавии хеш сањмгузор бошад. Маънии луѓавии калимањои муаррабро худ муайян карда тавонад. Аммо ворид кардани вожањои мушкилфањмеро љонибдорї наме-кунем, ки аз љињати баромад арабї буда, дар забони адабии мо муродифњои худро дошта бошанд .

М.УСМОНОВА,Л. МУРОДОВА,

муаллимони кафедраи забони тољикии ДДЗТ ба номи С.Улуѓзода

ТАЪЛИМИ АЛИФБОИ НИЁГОНМЕТОДИКА

Page 13: Omuzgor #24 сайт 2013

№ 24 14-уми июни соли 2013 13ОМЎЗГОР ГУЛШАНИ РОЗБА ОЗМУНИ «ТАФСИРИ ЯК БАЙТ» КИТОБИ НАВ

ШАРЊИ СЕ БАЙТИ ЊОФИЗ

Байти саввум:Ман пири солу моњ наям, ёр

бевафост,Бар ман чу умр мегузарад , пир аз он

шудам.

Њофиз умреро,ки на бо ёди Худо мегузарад ,бењосил мешуморад ва дар матлаи яке аз ѓазалњояш мегўяд:Гузашт умр ба бењосилию булњавасї, Иродате бинамо, эй дил, то ба

саодате бирасї,Саодати дили ў ба дидани љамоли

Њаќ муяссар шудан аст.Њофиз аќида дорад, ки инсон бояд

њамеша ба ёди Худо бошад ва ба висо-ли ў расидан маънии њаёти ўро ифода намояд. Ў чун намояндагони дигари тасаввуф аќида дорад, ки бо роњи пок намудани зоњиру ботини худ метавон ба висоли ёр расид:Ѓусл дар ашк задам, к-ањли тариќат

гўянд: Пок шав аввалу пас дида бар он пок

андоз.Ислом аќидаи дар ин дунё ба висоли

Њаќ расиданро инкор менамояд. Худо ба паёмбар Мўсо, ки љамоли ўро дар ин дунё дидан мехост, гуфта буд: «маро нахохї дид». Аммо риндон аќида до-ранд, ки дар ин дунё низ ба висоли мањбуба расидан мумкин аст:

Ман, ки имрўзам бињишти наќд њосил

мешавад,Ваъдаи фардои зоњидро чаро бовар

кунам?Муњаббати инсон чун комил шавад,

он гоњ ў ба дидори ёр мерасад: Дидор шуд муяссару бўсу канор њам, Аз бахт шукр дораму аз рўзгор њам.Сабаби ба висоли Њаќ нарасидан

ишќи нотамоми инсон аст:Зи ишќи нотамоми мо љамоли ёр

мустаѓнист, Ба обу рангу холу хат чї њољат рўи

зеборо?Њофиз њамеша талаби дидори ёрро

дорад ва барои ба висоли ў раси-дан пайваста кўшиш менамояд. Вале ёр бевафост ва љамоли худро нишон намедињад.Дар мисраи аввали байт «пир будан»

ба маънои «кўњансол будан» омадааст. Дар мисраи дуюм «пир шудан» маънои «чун кўњансолон сусту заифу нотавон шудан»- ро ифода менамояд.Маънии байт: монанди пирон нота-

вон шудани ман аз гардиши солу моњ нест. Ман дар талаби висоли ёр њастам, вале ёр бевафост, љамоли худро нишон намедињад ва висоли ў ба ман муяссар намешавад. Маќсади дили ман расидан ба висоли ўст ва чун ин маќсад њосил намешавад, умри ман ба бењудагї мегу-зарад. Ѓами бевафоии ёр ва бењуда гу-заштани умр маро монанди кўњансолон заифу сусту нотавон намудааст.

Содиќ АШЎРОВ, директори мактаби №3-и

ноњияи Мастчоњ

Китоб волотарин ганљинаи инсоният аст. Он дастуру рањнамои беѓаразу хи-радгустарест, ки хамагонро ба пиндору рафтору кирдори нек њидоят менамояд ва љодањои зиндагиро мунаввар меку-над. Китоб ањли башарро аз љањолат эмин медорад, он торикиро мањв бин-муда, рўшанї меофарад ва аз ин љост, ки фармудаанд:Бе китоб, эй дўстон, бунёди мо

норавшан аст,Тираву торик њамчун хонаи беравзан

аст.Њар кї бо китоб мегаравад ва

ин «фурўѓи субњи доної»-ву «аниси кунљи танњої»-ро мепарастад, њамрозу њамсози хеш мегузинад, њамеша ва дар њама љо комёбу пешраву сарафрохтаву шарафманд хоњад буд.Тарѓиби ањамияту моњияти ки-

тоб, тавзењу баррасии он ва ба сўи ин ќаламрави хирад њидоят намудани мар-дум амалест некўву пурсавоб. Ѓолибан ањли зиё, афроди маърифатгустар ва до-нишвар шуѓл бар ин амал доранд. Оли-ми пуркор ва фарњангшиор Султонму-род Туронов аз њамин зумра афрод аст. Дар радифи хидмати расмї ва иншои маќолоти гуногун ў њамвора ба тарѓиби илму фарњанг, ба вижа, хазинаи маъна-вии башарият - китоб мекўшад.Рисолаи навини С.Туронов «Равшан-

гари дилњо», ки чанде пеш дар шакли

китоби алоњида тавассути нашриёти «Ирфон» ба табъ расид, ин гуфтањоро таќвият мебахшад. Он дастури арзишман-ду пурмўњтавоест барои алоќамандони таълиму тарбия дар тарѓиби њидоятгари љодањои ро-стин - китоб. Муаллиф дар радифи си-тоиши китоб роњу тарзу усули пурсу-ду самарова-ри тарѓибу бузург дош-ти онро дар байни хо-нандагони м а к т а б њ о тавзењ мебах-шад ва гуф-тори хешро бо далелњову иќтибосот ва хулосањои мўътамад собит месозад. Дар заминаи ин рисолаи пурарзиш омўзгорон метавонанд дарсњои хешро такмил бах-шанд, соатњои тарбиявї ва мањфилњои њадафгиру муассир баргузор намоянд.Китоби «Равшангари дилњо» бо за-

бони шевою сањењ нигошта ва умед аст, ки дар радифи китобњои рўимизии ањли маориф ќарор хоњад гирифт.

А.Муродї, нависанда ва рўзноманигор

НАВГОНЇ КИТОБИЁТ

Китоб волотарин ганљинаи инсониятаст Он дастуру рањнамои беѓаразу хи-

китоби алоњида тавассути нашриёти «Ирфон» ба табъ расид ин гуфтањоро

ЊИДОЯТГАРИ ЉОДАЊОИ РОСТИН

ИФТИТОЊИ ОСОРХОНАИ ЉАДИДИЌДОМ

Њафтаи сипаришуда дар мактаби №44-и ноњияи Њисор бо ташаббуси шуъбаи фарњанги ноњия ва фарзанди адиби зиндаёд Њабибулло Назаров- Адолат Назарова осорхонаи ба номи Абдулло Муродов ифтитоњ гардид. Дар расми ботантанаи кушодаша-вии осорхонаи мазкур Нависандаи халќии Тољикистон Кароматулло Мирзоев, мушовири Иттифоќи нави-сандагон Њикмат Рањмат, муаллимон

аз шањру навоњии љумњурї Искандар Бобоев, Мирзо Сафаралиев ва Ша-рифи Мирзоњотам иштирок доштанд. Њамчун рамзи дўстию сипосмандї аз љониби њайати омўгорони №19-и ноњияи Хуросон ба осорхонаи нав расмњои шоирон Мирзо Турсунзода, Карим Девона ва Њабибулло Назаров таќдим карда шуд.

Шарифи МИРЗОЊОТАМ,омўзгор

Дар байни омўзгорону устодони макоти-би шањру навоњии љумњуриамон зиёд шах-сони донишвару соњиблаёќате вомехўранд, ки ба љуз рисолати њирфаии хеш њамчунин ба эљоди шеъру ѓазал ва њикоёту ќиссањои љолиби насрї шуѓл меварзанд. Яке аз њамин гуна муаллими заковатманду хуштабъ Му-род Саидалї ба шумор меравад, ки алъон дар мактаби №30-и шањри Панљакент пай-васта бо таълиму тарбия ва сабаќомўзии шогирдон дар дили шабњо ѓазалњои равону дилошўб эљод мекунад. Ман бо устод Му-род Саидалї дар сањни таълимгоњ шинос шуда, баъд фањмидам, ки ин сарсупурдаи љодаи адабиёт ѓазалу ќитъањои фаровоне таълиф кардааст. Гувоњи ин гуфта, маљмўаест, ки аз тариќи нашриёти шањри Хуљанд бо унвони «Саду як ѓазал» ба нашр ра-сидааст. Чунонки дар пешгуфтори мухтасари китоб муњаррири он Иброњим Наќќош ќайд кардааст:

«…Ба шеър гуфтани ин шахс њељ гоњ љойи шакку шубња нест, зеро сиву њафт сол боз ба шогирдон дарси вафодориву адаб меомўзад. Ў тавонист дар баробари иљрои вазифаи душвори омўзгорї њам дар дили шогирдон сахт љой гирад ва њам шеърњои пурмаънову љаззобу дилрабо эљод намояд.»Воќеан, бахши аъзами ѓазалиёти омўзгори

сухансанљу хушкалом ба мавзўоти љовидонии адабиёт – тараннуми дўстии байни инсонњо, омўзиши илму дониш ва масъалањои панду ахлоќї бахшида шудаанд. Минљумла, дар ѓазали зер ба таври соддаю равшан устод Мурод Саидалї аз зарурияти омўзиш ва та-лаби илм кардан њарф мезанад:Њар куљое дўст бошї, пок бош,Дар љасорат зираку бебок бош.Сабру тоќат пеша кун дар њар ќадам,

Ганљтинат њамчу як мушт хок бош.Ахтари рахшанда дар афлок бош.Дар љойи дигар дар хусуси моњияти вата-

ну ватандорї сухан ронда, фикреро бозгўї мекунад, ки мењру муњаббат ба Ватан ба њељ ваќт, њељ гоњ дар дилњои одамон кўњна наме-шавад:Ватан шаъну шукўњи сокинон аст, Ватан ин обу рў дар њар замон аст.Њамеша оѓўшаш аз бањри мо боз,Ватан ин бањри мо љову макон аст.…Чу модар дўст доранд пиру барно,Ба гармї дар тани мо гўи љон аст.Дар ин ѓазал бошад, Ватанро бад-ин тариќ

мадњу ситоиш мекунад:Бар њама кори Ватан бингар, далер аст

халќи ман,Гоњи љанги душманон бинї, чу шер аст

халќи ман.Мекашад зањмат барои гулшукуфии

мењан,Осмони сулњро моњи мунир аст халќи ман.Боиси хушњолист, ки дар њар як ѓазали

шоир байтеву мазмуни баланди шеъриро да-рёфт метавон кард.Таваљљуњ фармоед:Нагардад хор, њар он кас,ки њунар дорад,Ба худ ў соябони сар падар дорад.ё ки:Субњидам хезам зи љоям, ёди модар меку-

нам,Сўи дар бинњода поям, ёди модар мекунам.Аз амал парњез дорам, то замоне зиндаам,Шоњ бошам ё гадоям, ёди модар мекунам.…Ояте хонам зи Ќуръон бањри њифзи рўњи ў,Мустаљоб гардад дуоям, ёди модар мекунам.Бикун бештар ба мардум хайру эњсон,Ба роњи хайр по оњистатар мон.Касе ояд ба наздат бањри дидан,Забон ширин бикун дар назди мењмон.Бад-ин тариќ, ѓазалњои сурудаи омўзгор

Мурод Саидалии Мазорї (ў зодаи дењаи машњури Мазори Шариф аст) дар тарбияи худшиносии насли наврас ва арзишњои ба-ланду ормонњои ѓоявии миллї сањми босазо хоњад гузошт.

Шодї РАЉАБЗОД,«Омўзгор»

САДУ ЯК ЃАЗАЛИ ОМЎЗГОР

Мањмадшарифи Рустам аз рўзноманигорони фаъоли кишвар буда, солњои зиёд дар нашрияи «Адабиёт ва санъат» ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи тољик кор кардааст. Ў, њамчунин, чандин сол дар њафтаномаи «Омўзгор» фаъолияти пур-самар дошт. Навиштањояш рангину љолибу њадафгиранд ва мутааллиќ ба жанрњои гу-ногуни рўзноманигориянд.М.Рустам њоло фориѓ аз

њама машѓулиятњои расмї пурра ба кори эљодї гара-видааст. Бештар ба навиш-тани маќолањо аз таърихи рушди фарњанг ва матбуоти тољик (дар нимаи аввали са-даи ХХ) шуѓл меварзад ва низ ба тарљумаи чанд асари илмии оммавї камар баста-аст. Ин ќаламкаши пуркор, њамчунин, тасмим гириф-

тааст, ки дар заминаи ёд-дошт, саргузашт ва дидаю шунидањояш чанд асари бадеию њуљљатї биофарад. Ва инак, дар ибтидои соли равон нашриёти «Адиб» ќиссаи љолибу тозаэљоди ўро бо номи «Сўхта» ба нашр ра-сонд. Дар ин китоб сухан аз саргузашти шахсе меравад, ки дар зиндагї пайваста ба бебарорию нокомї, иѓвою тўњмат, фишору тазйиќ дучор омада бошад њам, шикаста нашудааст ва бо иродаи ма-тин ва гузашту бахшиданњо ба осоиш ва рўзгори бони-зом расидааст. Аз ин лињоз, саргузашти ќањрмони асо-сии асар, андешаву омоли ў њикматрез ва шоистаи ибрат аст.Китоби «Сўхта», ки боз як

пањлўи шоистаи фаъолияти рўзноманигори хушсалиќа

Мањмадшарифи Рустам-ро ифшо ва собит месозад, бешубња, писанди доираи васеи хонандагони кишвар хоњад гашт.

А.МУРОДЇ,«Омўзгор»

«СЎХТА» ЌИССАЕСТ ПУХТА

Муаллими мактаби №21-и ноњияи Варзоб, Аълочии маорифи Тољикистон Шариф Арабов 36 сол мешавад, ки ба фарзандони сокино-ни ноњия аз фанни химия ва биоло-гия сабаќ меомўзонад.Омўзгори пуртаљриба дарсњояшро

њамеша бо истифода аз технологияи љадид дар асоси талаботи меъёрњои за-мони муосир шавќовару раѓбатангез мегузаронад.Муаллим Ш.Арабов шогирдони

зиёдеро тарбия карда, ба камол ра-сондааст. Шогирдони муаллим мун-тазам дар олимпиадањои ноњиявию минтаќавї иштирок карда, сазовори љойњои арзанда мегарданд.Дар сурат: муаллим Ш.Арабов њангоми гузаронидани машѓулият аз фанни химия дар

синфи 9 «б»Суратгир Ш.РАЉАБЗОД

Page 14: Omuzgor #24 сайт 2013

№ 24 14-уми июни соли 201314 ОМЎЗГОР МАКТАБИ ТАЉРИБА

Сухан дар бораи зан, мо-дари нињоят хоксор Гулда-ста Шайдуллоева меравад. Гулдаста зодаи Хатлонза-мин аст, ки дар оилаи корга-ри оддї ба дунё омада. Гул-даста соли 1986 баъди хатми мактаби тањсилоти миёнаи умумии №14 – и ноњияи Мир Саид Алии Њамадонї њуљљатњояшро ба факултаи забон ва адабиёти тољики Донишкадаи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоњ Рўдакї супорида, сазо-вори номи донишљў шуд. Мењри омўзгор шуданро дар дили Гулдаста устоди мењрубонаш Азиз Њасанов бедор намудааст.Муаллима аз зумраи он

бонувони саодатманду сар-баландест, ки баъди хатми Донишгоњи омўзгорї бо роњхати Вазорати маориф дар мактаби тањсилкардаи худ фаъолияти мењнатиашро оѓоз намудааст. Инак, бист сол боз ба кас-

би пурифтихори омўзгорї машѓул аст, њамеша мекўшад, дар њалли монеањои пешо-

мадаи соња сањм гузорад. Ў љўяндаю эљодкор буда, касби пешакардаашро дўст медо-рад. Дарсњояш пурмазмуну шавќовар буда, ба дили њар хонанда бо навозишњои мо-дарона роњ мељўяду маъво пайдо мекунад. Шогирдонаш мунтазам дар олимпиадањои шањрї, вилоятї иштирок намуда, сазовори љойњои ифтихорї мегарданд. Му-аллима мекўшад, ки њар як дарсаш барои хонандагон шавќовар ва хотирмон бошад. Шояд аз њамин сабаб бошад, ки њатто њангоми танаффуси байни дарсњо хонандагон ўро њалќавор мепечонанд, то ин ки барои њалли масъалаи ба-миёномада маслињат пурсанд. Як хислати дигари муаллима дар он аст, ки агар ба тарбияи маънавию ахлоќии љавонон, хусусан, ба ташаккули тафак-кури онњо бепарвої зоњир кардани баъзе омўзгоронро мушоњида намояд, рўирост онњоро зери танќид мегирад.

Ў аз он ифтихор дорад, ки устоди касби худ аст ва чан-дин нафаронро сабаќ омўхта, ба роњи дурусти зиндагї њидоят намудааст.

- Агар имкони аз сар ги-рифтани зиндагї мебуд, шумо кадом пешаро инти-хоб мекардед? - мепурсам аз муаллима.

- Албатта, омўзгориро, -мегўяд бо боварї ў, -тањаммули касби сангини омўзгорї на ба њар кас му-яссар мегардад. Аммо маро мењри касб ва муњаббат ба бачањо ба ин љода рањнамун сохт. Шумо медонед, чї кай-фияте дорад ваќте мебинед, ки шогирдонатон дар озмунњо соњиби љойи ифтихорї ме-гарданд. Ин нишони боздењи ранљи устод аст. Устод бояд бо тамоми њастї бо бачањо решапайванд гардад. Шавќи омўзишро дар ќалби поку беолоиши онњо аз рањи мењру ихлос љо намояд. Равиши дарс, истифодаи асбобњои аёнї, ороиши синфхона бояд хеле моњирона сурат гирад ва ба синну соли бачањо мувофиќ бошад.

Устод масъулияти бузур-геро ба зимма дорад. Иљро ва тай кардани он хеле душ-вор аст, аммо на барои усто-доне мисли Гулдаста Шай-дуллоева, ки њастии хешро

бидуни касби дўстдошта ва дидагони мењрбори шо-гирдон тасаввур карда на-метавонад. Гулдаста Шайдуллоева аз зумраи омўзгорони номдори ноњияи Њамадонист. Омўзгорони мактабњои ноњия борњо бо маќсади омўзиши таљрибаи пешќадам дар дарсњои му-аллима иштирок намудаанд. Барои комёбињои назаррас дар фаъолияти омўзгорї ва сањми арзанда дар тарбияи насли наврас муаллима Гул-даста Шайдуллоева бо Иф-тихорномаи Вазорати мао-рифи Љумњурии Тољикистон сарфароз гардонида шуда, миёни ањли коллектив ва волидону шогирдон обрўю эњтироми хоса дорад.

Давлат ХАЛИЛ,узви Иттињоди рўзноманигорони

Тољикистон

ЧЕЊРА

СИМО ОЛИМОНИ МО

ДАРСУ ДИЛУ ЧЕЊРА ЯК

Вале баъди хатми мактаби зодгоњаш- дењаи Ќушќияи ноњияи Темурмалик њуљљатњояшро ба техникуми тарбияи љисмонї супорид. Дар дав-раи донишљўї дар бисёр мусобиќањои варзи-шии шањриву љумњуриявї иштирок карда, сазо-вори ифтихорномањо гардида, меъёри дараљаи якуми варзишро ботантана ба љо овард. Соли 1966 техникуми тарбияи љисмониро бо дипло-ми «аъло» хатм намуда, ба мак-таби азизаш ба дењаи Ќушќия ба кор омад. Чанд муддат ба шогирдон дарс омўхт. Вале як гўшаи дилаш њоло њам ба фан-ни дўстдоштааш- таърих кашол буд. Ин буд, ки баъди як соли кор њуљљатњояшро ба факултаи таърихи Донишгоњи миллии Тољикистон (собиќ Донишгоњи давлатии Тољикистон ба номи В.И.Ленин) супорид. Замони донишљўї Хушбахт ба тадќиќоти илмї таваљчуњи хоса зоњир намуда, борњо дар конференсияњо бо маърўзањои љолиби илмї баромадњо мекард. Баъди ду соли хатми донишгоњ ўро директори мактаб таъин наму-данд. Дар маљаллаи «Мактаби советї» («Маъ-

рифати омўзгор») маќолањои методиаш ба чоп расиданд. Ин эљодкорї обрўи ўро дар байни омўзгорон баланд намуд ва муалли-ми љавону навкор ба гирифтани нишони «Аълочии маорифи Тољикистон» мушарраф гардид. Хушбахт бахти худро низ дар њамин мактаб ёфт. Соли 1974 бо муаллимаи љавони њамин мактаб Њалимахон Муъминова хона-дор шуд. Дар давоми њаёти якљоя ду духтару чор писарро калон карда ба воя расониданд, ки њамаи онњо соњиби маълумоти олї гарди-данд. Њоло Муяссара омўзгори Донишгоњи давлатии Ќўрѓонтеппа буда, дар арафаи њимояи рисолаи номзадист, Гулноз омўзгори забонњои хориљї, Саид муњандис, Бањодур омўзгор, Рустам унвонљўи Донишгоњи дав-латии Ќўрѓонтеппа ба номи Носири Хусрав, Олимљон бошад, аспиранти Донишгоњи санъ-ат ва фарњанги Москва мебошанд.

… Хушбахтро омўзиши илм торафт ба худ мекашид. Нињоят, соли 1982 њуљљатњояшро

ба шуъбаи ѓоибонаи аспирантураи наз-ди Донишгоњи миллии Тољикистон супо-рид. Ташвишњояш зиёдтар шуданд. Кори роњбарии мактаб, ташвиши рўзгор. Соли 1986 рисолаи номзадии худро бо сарбаландї дифоъ намуд. Барои бисёрињо њайратовар буд номзади илм шудани як омўзгори дењот. Устод Хушбахт Абдуназаров соли 2009 рисолаи доктории худро дар мавзўи «Барќароршавї ва инкишофи чорводорї дар Тољикистон дар солњои 1924 - 1991» бо сари баланд њимоя кард. Соли 1994 муди-ри кафедраи таърихи умумї ва соли 2006 декани факултаи таърих ва њуќуќ интихоб шудааст. Хушбахт Абдуназаров 50 соли њаёт ва фаъолияти мењнатии худро ба кори таълиму тарбияи љавонон ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос барои маори-

фи халќ бахшидааст. Ў дар корњои љамъиятии донишгоњ иштироки фаъолона до-шта, узви Шўрои олимони донишгоњ, узви љаласаи раё-сати донишгоњ, узви Шўрои илмї-методии донишгоњ, узви Шўрои олимони фа-култаи таърих ва њуќуќи донишгоњ буда, дар 50 соли фаъолият дар матбуоти даврї, рўзномаю маљаллањои љумњурї ва маљмўањои ил-мии олимони Тољикистон ва собиќ Иттињоди Шўравї 32 китобу рисола ва бештар аз

200 маќола ба табъ расонидааст. Устод узви Иттињоди рўзноманигорони Тољикистон низ аст. Ќобили зикр аст, ки Хушбахт Аб-дуназаров дар давоми фаъолияти омўзгории худ дар бисёр конфронсу симпозиумњои мамлакатњои собиќ Иттињоди Шўравї ва хориљї ширкат варзида, бо маърўзањои илмї ва гузоришњо баромад намудааст. Баъди вараќ задани китоби устод - «Вахшонзамин» бори дигар ба пуркорї, мушкилнописандї, мењнатдўстї ва маърифату дониши устод ќоил мешудам. Асарњои устод, бешак, дар муайян сохтани таърихи ин минтаќаи ќадимаи тољикон ва хизмати шоистаи фар-зандони арзандаи халќ сарчашмањои муъта-мад ба њисоб мераванд. Бо ташаббуси устод Хушбахт Абдуназаров дар мактаби дењаи Ќушќия осорхонаи таъриху кишваршиносї кушода шудааст. Алњол барои шогирдони аълохон дар ин мактаб идрорпулии ба номи профессор Хушбахт Абдуназаров арзи вуљуд намудааст. Имрўз мактаби устод барои кул-ли омўзгорони љавон метавонад мактаби таљрибаи пешќадам, мактаби омўзиш ва шарафмандї бошад.

Давлаталї АЛИМОВ, мудири кафедраи таърих ва њуќуќи ДДЌ

ба номи Носири Хусрав

Ў зодаи ноњияи Ёвон аст. Падар дар раёсати корњои до-хилии вилояти Хатлон (собиќ Ќўрѓонтеппа) адои вазифа мекард.Тањсили Хуррами љавон дар мактаби раќами 4 оѓоз гардид. Соли 1947 Бобо Рањимовро ба ноњияи Ёвон барои кор тавсия намуданд. Ў тањсилро дар мактаби раќами 1 – и ин ноњия идома дод. То синфи нуњум дар син-фи русї тањсил кард. Азбаски дар синфи онњо њамагї чор нафар бо ин забон тањсил мекарданд, минбаъд барои онњо синфи русї кушода на-шуд. Ў тањсилро бо забони тољикї идома дода, соли 1956 мактаби миёнаро бо бањои аъло хатм намуд.

- Њуќуќшинос шудан орзуи деринаам буд, бино-бар он, ба ин касб сахт мењр баставу ба имтињонњо низ љиддї тайёрї медидам, - он рўзњоро ба хотир оварда мегўяд Х.Рањимзода,- вале падарам розї нашуданд. Гуфтанд, ки касби пуршараф, аммо хеле душвор. Агар аз уњдааш набарої, айб меша-вад. Ба факултаи филологияи ДМТ њуљљат супоридам. Дав-раи донишљўї хеле хотирмон гузашт. Ў баробари омўзиши љиддї дар корњои љамъиятии донишгоњ низ иштироки фаъолона мекард. Узви ан-самбли овозадори «Наврўз» - и донишгоњ буд, њам суруд мехонд, њам асбобњои мусиќї менавохт. Њамин буд, ки моњи марти соли 1957 дар њайати ансамбли муштараки донишљўёни мактабњои олии љумњурї дар Театри калони ба номи Немирович – Дан-ченко ва ќисмњои низомии

шањри Москва ва атрофи он њунарнамої кард. Њамчунин, њамон сол дар Фестивали 6 – уми љавонон (дар њайати ан-самбли «Наврўз»), дар шањри Москва иштирок намуда, соњиби љоиза ва нишони хотиравї гардид. Хуррам Рањимзода пас аз

хатми мактаби олї (с.1961) фаъолияти кориашро аз мак-таби миёнаи раќами 111- и ноњияи Рўдакї оѓоз намуд. Баъдтар муовини дирек-тор ва муддате директори мактаб буд. Пасон ба кори комсомол гузашт. Мудири шуъбаи тарбияи љавонони раёсати љамъияти «Дониш» - и Тољикистон њам буд. Аз соли 1980 дар Пажўњишгоњи илмњои педагогї ба кори илмї шурўъ намуд. Тўли ин солњо корњои тадќиќотии зиёдеро ба анљом расонд, шо-гирдони бешумореро тарбия кард, китобњои зиёди илмиву дарсиро низ ба хизмати мута-хассисону шогирдон гузошт. Панљ монография, китобњои дарсии «Одоби оиладорї», «Маърифати оиладорї», «Таърихи дин», «Тарзи њаёти солим» ва бештар аз 160 маќолаи илмию методї намунае аз зањматњои ўянд. Бо роњбарии Х.Рањимзода 5 номзад ва 1 доктори илми педагогика рисолањояшонро таълиф намудаанд. Бояд хотиррасон намуд,

ки аксари асарњои илмии эшон ба давраи Истиќлолият рост омадаанд. Аз љумла, соли 1993 барномаи таълимї ва китоби таълимиеро бо номи «Одоби оиладорї» таъ-лиф намуд. Њамчунин, соли 2000 – ум асари дигари ў бо

номи «Таърихи дин» (барои синфи 7) таълиф гардид, то љавонон дар бораи воќеияти динњои олам маълумот до-шта бошанд. Зиндагии устод дар оила

њам намунавист. Њамсари устод хатмкардаи факултаи таърихи ДМТ буда, баъд аз солњои зиёди машѓул бу-дан ба таълиму тарбия дар

нафаќаанд. Писару келинњо пайи падару модар рафта, омўзгориро ихтиёр карданд. Писари хурдї – Умед пайра-ви бобо шуда, корманди ВКД ЉТ аст. Умедљон алњол дар пайи њимояи рисолаи номзадї дар мавзўи «Њамкории муассисањои ВКД бо оила ва мактаб дар тарбияи ахлоќї ва пешгирии наврасону љавонон аз њуќуќвайронкунињо» мебо-шад. Хуллас, агар атрофи њаёт

ва фаъолияти серљабњаи академик Хуррам Рањимзода суњбат намоем, мебинем, ки ў дар зиндагї ба бисёре аз машѓулиятњо ба он ваљњ сазовор шу-дааст, ки њамвора зањмат кашидааст. Сафарњои хиз-матиашон ба Љумњурии Исломии Афѓонистон, Фе-дератсияи Россия ва соири кишварњо, маърўзахонї дар конфронсњои илмї, вохўрию сурудхонињояшон бо бењтарин њунармандони Афѓонистон – Хаёл, За-лонд, хонум Парвин, Ав-валмир, Зоњир Њувайдо ва дигарон њама рўзњои неки нишоту шодмониро пеши назараш меоранд. Бо шу-крона зери лаб мегўяд: «Шукри Худо, ки бењуда назистаам». Ин олими шинохта ва сермањсул ба синни мубораки 75 расида бошанд њам, шукрона, ки худро њамеша болидарўњ эњсос мекунанд вапайва-ста дар азми эљоди асарњои тоза ба тозаанд.

Њотами ЊОМИД,«Омўзгор»

Саъдулло Њайбуллоев пас аз хатми Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї соли 1976 бо роњхати шуъбаи маорифи ноњияи Фай-зобод ба мактаби миё-наи раќами 28 ба њайси омўзгори фанни матема-тика ба кор омад.Баъди чанде шуъ-

баи маориф ќобилияту кордонии ўро ба назар гирифта, ўро ба њайси љонишини директори корњои таълимї таъин намуд. Соли 1978 Саъдулло

Њайбуллоевро директо-ри њамин мактаб таъин карданд. Номбурда дар ин љода њафт сол зањмат кашид. Мутахассисони зиёде тарбия карда ба камол расонд, ки дар соњањои гуногуни мам-лакат кору фаъолият до-ранд.Ба тариќи гузариш

соли 1985, ба яке аз мактабњои ќафомондаи раќами 14-и дењаи љавонии шањри Роѓун ба њайси директори мактаб

ба кор гузашт. Дар як муддати кўтоњ Саъдул-ло Њабибуллоев макта-бро аз сатњи ќафомонї баровард. Бо дастгирии ў дар мактаб чор синф-хонаи иловагї, майдони варзишї сохта, мавриди истифода ќарор дода шуданд.С а ъ д у л л о

Њабибуллоев барои хизматњои чандинсо-ла бо Ифтихорномаи фахрии Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон, Ифтихорномаи Вазора-ти маорифи Љумњурии Тољикистон, Ифти-хорномаи маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии шањри Роѓун ва ди-гар туњфањои хотиравї ќадрдонї шудааст.Мањз сифатњои

кордонї, мањорати ба-ланди роњбарї, дониши мукаммали тахассуси-аш ўро байни устодону шогирдони таълимгоњ обрўманд гардондааст.

Њокими САФАР, шањри Роѓун

МУАРРИХИ СОЊИБДИЛ ВА МУМТОЗ

РЎЗГОРИ ПУРБОРИ ЯК ОЛИМ

сљдш

њутад

Вале баъди хатми мактаби зодгоњаш- дењаи

бдрр1дбд2«дсрд

КОРИ НЕКУ НОМИ НЕК

МУТАХАССИСИ КОРДОН

С Њ йб б Д

Page 15: Omuzgor #24 сайт 2013

№ 24 14-уми июни соли 2013 15ОМЎЗГОР

ЭЪЛОНДонишкадаи исломии Тољикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуњанифа љойњои кори хо-

лиро аз рўи вазифањои зерин эълон мекунад:Кафедраи «Педагогика ва психология»: (омўзгорони тахассуси зикргардида) профессор

1-љойи холї, дотсент 3-љойи холї, мудир 1-љойи холї, ассистент 2-љойи холї.Кафедраи «Шариати ислом»: профессор 1-љойи холї, дотсент 3-љойи холї, мудир 1-љойи

холї.Кафедраи «Улуми Ќуръон»: профессор 1-љойи холї, дотсент 2-љойи холї, мудир 1-љойи

холї, ассистент 5-љойи холї.

Кафедраи «Забон ва адабиёти араб»: профессор 2-љойи холї, дотсент 4-љойи холї, мудир 1-љойи холї.

Кафедраи «Забонњо»: профессор 1-љойи холї, дотсент 3-љойи холї, мудир 1-љойи холї.Кафедраи «Ањодиси набавї»: профессор 1-љойи холї, дотсент 2-љойи холї.Кафедраи «Фалсафа ва илоњиёт»: профессор 1-љойи холї, дотсент 1-љойи холї.Њуљљатњоилозима:1. Ариза2. Вараќаи шахсї бо тарљумаи њол, 2 дона сурат3х43. Нусхаи диплом ва дипломи номзадї4. Рўйхати корњои илмї, маќолањо ва дар куљо чоп шудани он.5. Нусхаи дафтарчаи мењнатї.Хотиррасон менамоем, ки ќабули њуљљатњо то 31.07.2013 идома хоњад ёфт. Садорати шуъбаи илм Тел. 224-20-55

АЗ ЊАР ХУСУС

Сафари Абдувалї чунон аз таќдир ва шабу рўзи фаноовар бармањал омад, ки дил ба љуз афсўсу њасрат онро дар гўшаи рафтагон намегузорад ва то рўзи будан дар њар тапише рўњу равонро ба ёди ў бе-дар нигоњ медорад. Зодгоњи Абдувалї – рустои Ворухи

Исфара ба ном дења аст, лекин шањрњои ќадимии моро, ки зиндагонии рустоии дењќонї дар онњо бо муассисањои њунарї, касби тањсил ва муносибатњо бо њамсояњои дуру наздик мемонад.

…Замоне њамроњи Абдувалї аз мошин дар маркази Ворух, назди мактаби миё-на, фуромадем, ба атроф назар карда, дар њайрат мондам. Аввали моњи июл буд, ба сабзаљоти Ворух ва кўњњои атроф њанўз гармои тобистон ранги зардї наоварда буд. Ворух дар миёни баландию кўњњои ду пањлу ва водии холии сўйи офтобба-ро ва офтобшин монанди киштии сабзи дар њаракат менамуд. Моро бародарони Абдувалї, писарамаки чобукаш Исмат, хешу табори њамкорони душанбегии вору-хии мо истиќбол намуданд. Дар суњбати шом сухан њар замон ба

сари шахсияти Валиљон Самадов – ада-биётшинос ва муњаќќиќи равобит ва мољароњои адабии тољикон бо адабиёт ва њамсояњои таърихию инзамонї бармегашт. Валиљон Самадов, ба иловаи хидматњои дигари илмию адабиаш як хизмати ди-гар њам кардааст, ки њоло мавриди зикри он аст. Валиљон њангоми тањсилу кор дар Институти забону адабиёти Академияи илмњо чанде аз љавононро ба тањсили аспирантурї дар соњаи робитањои адабї овард. Суњбати атрофи иќдомоти Валиљон гоњ-гоње бо исми таѓои бузургвори ў, ки мулло ва шахси сермутолиа дар улуми исломї буд, бармехўрд. Абдувалї яке аз љумлаи њамин њидоятшудагони Валиљон аст. Вай Институти педагогии шањри Хуљанд (он замон Ленинобод)-ро хатм карда буд. Валиљон Самадов ин љавони

њушёр ва њасосу љўяндаро ба сўйи касби худ – равобити адабї роњнамої кард. Худи Валиљон бо мавзўи равобити адабї бо Озарбойљон сару кор гирифта ва дар њамин мавзўъ рисолаи номзадї ди-фоъ намудааст. Абдувалиро ў ба мавзўи робитањои адабї бо Арманистон рањандозї кард. Зимнан, бояд бигўем, ки љавони дигари њамдиёри Валиљон – Муртазо Зайнид-динов омўхтани равоби-ти адабии тољику тоторро пеша гирифт ва њоло муди-ри кафедраи адабиёти муо-сири Донишгоњи миллии Тољикистон аст. Равобити адабї чун проблемаи тањќиќи

равобити фарњангии миёни миллатњо аз солњои њафтодуми асри гузашта дар собиќ Иттињоди Шўравї бо таъсири љањонии ин мавзўъ вусъат гирифт. Албатта, равобити адабї бо мардумони њамсояи дуру наздик аз замонњои ќадим мављуд буданд. Инро, аз як сў, таъсири муносибатњои сиёсию иљтимої ва аз сўи дигар, адабпазирї аз адабиёти дигар халќњо вусъат медод. Робитањои адабии арману тољик аз ра-

вобити адабї бо халќњои туркзабон тафо-вуте дорад. Халќњои туркзабони Иттињоди Шўравии собиќ ба њар њол асли тамадду-ни исломї доранд. Онњо дар робита бои ислому фарњанги исломии арабиасос бо мардуми мо њамреша ва аз љињати таъри-ху тамаддуни хосу забон мухталифанд. Аз љињати дигар, халќњои туркзабон аз тамад-дун ва фарњанги эронию тољикї яке беш-тару дигаре камтар бањрае бардоштаанд. Нињояти гап ин ки аксари тољикони њамсоя бо ўзбеку ќазоќ ва ќирѓизу туркман аз за-бони туркї бањрае доранд. Бинобар ин, кор барои Валиљон Самадов дар омўзиши адабиёти туркзабон ва баъдан адабиёти русї сањлу осонтар буд. Абдувалї Давро-нов барои омўхтану тањќиќ кардани раво-бити адабї бо адабиёти арман, дар навба-ти аввал, масъалаи мушкилии омўхтани забон, таърих, тамаддун ва адабиёти

арманиро барои худ бояд њал мекард. Абдувалї ба Арманистон рафт ва муд-дате дар он љо монд, забон омўхт ва бо урфу одат ва фарњанги мардуми Армани-стон ошно шуд, озодона бо забони арманї суњбат ме-кард. Аввалину дар ин за-мон охирин ва кї медонад, то кадом замоне донандаи забону адабиёти Армани-стон дар Тољикистон буд ва ин ганљи ягонаро, ба ќавли Фирдавсї, норасида турунљро тундбоди марг ба хок афганд.Абдувалї аз оѓози фаъо-

лияти илмї корманди илмии Институти за-бон ва адабиёт буд. Ба сифати муњаќќиќи коромўз ва аспиранти Академияи илмњои Арманистон, устоди адабиёти муосири кафедраи адабиёти муосири Донишгоњи давлатии Тољикистон (солњои 1985-94) ва муовини декани њамин факултет буд. Баъ-ди тањсили докторантураи назди кафедраи мазкур аз соли 1996 то соли 2010 ташкил-кунанда ва мудири бардавоми кафедраи забони тољикии Донишгоњи славянии Ру-сияву Тољикистон ва баъдан профессори њамин кафедра буд. Ин зоњири мухтасари кори расмии Абдувалї буд. Дар соњаи илм фаъолияти густурдае дошт. Соли 1992 рисолаи номзадии илм дифоъ кард. Соли 2009 рисолаи докторї дифоъ кард ва солњои баъдї профессори донишгоњ буд.Албатта, зиндагиномаи профессор А.

Давронов навишта хоњад шуд, то њаќќи босазои баракати умри ў гуфта шавад ва дар ёдњо бимонад. Дар бахши танќид ва адабиётшиносии Институти забон ва ада-биёт аъзо буд, чун котиби Шўрои танќиди Иттињодияи нависандагон охирин сухан-рониашро дар шакли мусаввада гузошта, ба бистари беморї афтид. Бо сарварии ў маљаллаи илмии «Масъалањои филологи-яи тољик» чоп мешуд, узвияти Шўрои бай-налмилалии Иттињодияи нависандагонро дошт, дар конфренсияњои илмии зиёд, «Форуми мутарљимон ва мунаќќидони

ИДМ» дар Ереван ва ѓайра ширкат варзи-да, шарафманди дарёфти маќому эътибо-ру љоизањо шудааст. Ба ѓайр аз маќолањои зиёд Абдувалї 14 китоб дар роњгузари омўзишу дониш ба мо мерос мондааст.Профессор Абдувалї Давронов дар

нињоди худ баччаи озодаи рустоии бо фарњангу илму дониш парвариш ёфта буд. Нишонаи рустоизодагиаш фурўтанї, мењрубонии беандоза, самимияти бепо-ён, бетакаллуфї ва озодагї буд. Ин са-мимият то љое буд, ки њатто, дар њудуди панљоњсолагї, агар сухани худро бо мусоњиб номуносиби андаке сахту дурушт њис мекард, мешармид ва рангаш сурх ме-шуд. Аз гўшаи фазлу дониш истиќлоли назар ва хештаншиносиро метавон дар наќши гуфтору рафтори ў зикр кард.Абдувалї љавонмарди зебои рўшанрўйи

кушодачењра буд. Чењраи кушодаашро мўйи сари андак аќибрафтааш њусни тозае медод. Хушсуњбат буд ва ба њангоми њамнишинї ба рўйи кас, гоњ-гоње назар гурезонда, бо мењрубонии бепоёне менигарист. Ёди ин чењраро дидаи мењрубони андаке дар анда-рун њузни нињонї дошта, ѓами фироќро дар рўњу равон бар меангезад, ки ба эњтироми ў имрўз њамин ѓами фироќашро нигањ дорем ва то њастем, бо худ бибарем.Абдувалї дар замони тањсили аспиран-

тура гирифтори бемории миёндард шуда буд ва аз он сахт азият мекашид. Баъдтар ба бемории аз он вазнинтар-подагра, ки дар урфи мардум буѓумдардаш мегўянд, ги-рифтор шуд. Љавон буд, парњез ва эњтиёти муносиби ин дардро риоя намекард. Чанд бор бемор шуду табобати вазнинро аз сар гузаронд. Бо таъсири ин беморї, асабониятњои хонаводагї ва эњтиёту худнигањдорї накардан Абдувалї ба бе-мори фалаљ гирифтор шуд ва як сол ранљи бистарї буданро кашид ва бори зиндаги-ро тану рўњи нотавон бардоштан натаво-нистанд ва љисми беравонашро ба ихтиё-ри зану фарзандони зору низор ва азизони дилафгор гузоштанд, то дар пањлуи падар ва дигар ањли авлод дар хоки Ворух ба хок супоранд. Фарзанди барўманди Ватан буд ва дар хоки диёри худ ба хоби абад рафт. Ў боѓбони мулки адаб, сухан ва чаманисто-ни Ворух ва Тољикистон буд, боѓбон раф-ту наќши худро дар ин чаман монд.

Х. ШАРИФЗОДА

ЁДНОМА БОЃБОН РАФТУ ЧАМАН МОНД

Сафари Абдувалї чунон аз таќдир ва

њ

Бо ибтикори шуъбаи маорифи ноњияи Мастчоњ дар толори маљлисгоњи макта-би №16 ба номи X. Холиќов бахшида ба Рўзи љавонон конфронси илмї-методии омўзгорони љавон баргузор гардид.Дар кори конфронс мудири шуъбаи

маорифи ноњия Нуриддин Боќиев шир-кат варзида, доир ба «Сањми љавонон дар рушди илм ва маориф» суханронї намуд. Баъдан директори мактаби №1 Д. Фузайлов дар мавзўи «Наќши волидайн дар таълиму тарбияи фар-занд», муовини директори мактаби

№28 М.Юсупов дар мавзўи «Ташкил ва гузаронидани њафтањои фаннї дар мактаб» ва омўзгори љавони фанни фи-зикаи литсейи ба номи Њ.Муњаммадиев А.Убайдов перомуни «Тарбияи њарбї-ватандўстии хонандагон дар љараёни таълими фанни физика» маърўзањои пурмуњтаво намуданд.Ќисмати дуввуми кори кон-

фронс дар бахшњоњои филологї, љамъиятшиносї, даќиќ, табиию пе-дагогика ва психология идома ёфт.

Нуъмон РАЉАБЗОД

КОНФРОНС

ВОХЎРЇ БО ОМЎЗГОРОНИ ЉАВОН

Аз 15 то 22-юми июни соли љорї дар доираи Озмоиши калони низоми нави имтињонњои марка-зонидашудаи дохилшавї (ИМД) ба муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон дар 7 маркази имтињонї, ки аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестї” дар чор минтаќаи љумњурї (шањрњои Душанбе, Ќўрѓонтеппа, Хоруѓ, Хуљанд) таъсис дода шудааст, супоридани имтињонњо баргузор мегардад. Барои супоридани имтињонњо иштирокчиёне иљозат дода меша-ванд, ки дар давраи баќайдгирї (аз 15 то 30 апрели соли 2013) ба-рои иштирок дар озмоиши мазкур аз ќайд гузашта бошанд. Њар як иштирокчї тибќи нишондодњои даъватномаи дастрасгардида бо назардошти рўйхат, макон, замон ва ваќти баргузории имтињонњо метавонад ба марказњои имтињонї њозир шавад. Њар як иштирокчї 3 маротиба тибќи љадвали имтињонњо дар давоми 2 рўз имтињон месупорад.

Маълумотнома:Љињати амалї намудани банди

12 Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 19.01.2013, №23 дар бораи аз соли 2014 сар карда мутамарказ ба роњ мон-дани ќабули довталабон ба муассисањои тањсилоти олии касбї ва иљрои фармоиши вазири маорифи Љумњурии Тољикистон аз 24.01.2013, № 161 оид ба Озмои-ши низоми ИМД ба МТОК Муас-сисаи давлатии “Маркази миллии тестї” Низоми нави имтињонњои марказонидашудаи дохилшавї ба муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистонро тањия намуд. Бо маќсади санљиши тартиб,

расмиёт ва љузъиёти низоми нави ќабули довталабон Мар-кази миллии тестї дар давоми моњњои март-июни соли 2013 дар љумњурї ОЗМОИШ-и низоми на-вро мегузаронад. Дар Озмоиши мазкур хонандагони синфњои 10-и муассисањои тањсилоти миёнаи умумии љумњурї иштирок мена-

моянд.Низоми имтињонњои марказо-

нидашудаи дохилшавї муљањњаз ба технологияи муосир буда, бо маќсади арзёбии дониш, интихо-би одилонаю шаффоф ва таъми-ни баробарњуќуќии довталабон ба муассисањои тањсилоти олии касбии љумњурї тањия гардида-аст. Ба Озмоиш 407 тахассус аз 29 муассисаи тањсилоти олии касбии љумњурї ворид карда шудааст.

Аз 15 то 30 апрели соли 2013 давраи баќайдгирии хоњишмандон љињати иштирок дар Озмоиши ка-лон дар миќёси љумњурї гузарони-да шуд, ки 7115 нафар хоњишманд аз ќайд гузаштанд.Барои маълумоти муфассал

оид ба озмоиши мазкур ба Хада-моти матбуотии Муассисаи дав-латии «Маркази миллии тестї» мурољиат намоед.

тел.: 222-16-02, 222-17-02, (918) 74-86-14

Сомонаи ММТ: www.ntc.tj Почтаи электронї: [email protected],

[email protected]

СУПОРИДАНИ ИМТИЊОНЊОИ ОЗМОИШИ КАЛОНИ НИЗОМИ ИМД ОЃОЗ ЁФТ

Аз мактаби раќами 123 ноњияи Рўдакї дар Олимпиадаи 9-уми фосилавии байналхалќї 14 хонанда иштирок варзида, дар даври нињої чор нафари онњо ба гирифтани медалњои тил-ло ва нуќ ра мушарраф гардиданд. Њайиталии Ашўралї, Азимов Манучењр (хонандагони синфи 9 аз забони англисї) сазовори медали тилло, Абўмуслим Ќурбонов (хонандаи синфи 10 аз забони англисї) ва Шерзод Тиллоев (хо-нандаи синфи 5 аз забони русї) муносиб ба ме-дали нуќра дониста шуданд. Њамзамон њамаи 14 хонанда барои иштироки фаъол соњиби ди-плом гардиданд.

Ѓолибон аз директори мактаб С. Нуров миннатдор њастанд, ки шароит офаридааст, то омўзгорони мактаб И. Љобиров, З. Тиллоева, Н. Азимова ва Р. Давлатова, онњоро ба олим-пиада омода кардаанд.

Зебуннисо ТИЛЛОЕВА, омўзгор

ХУШХАБАР АЗ ЯК МАКТАБ ЧАЊОР ЃОЛИБ

Page 16: Omuzgor #24 сайт 2013

№ 24 14-уми июни соли 201316 ОМЎЗГОР

Суњбати љонпарвар аст суњбати «Омўзгор»

Муассис: Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон

Сармуњаррир: Ноилшо НУРАЛИЕВ

Њайатитањрир:

Н.САИДОВ, Ф.РАЊИМОВ, Т.МАЊМАДОВА, Ф.ИСМОНОВ, А.РАЊМОНОВ, М.САЙФИДДИНОВ, А.МУРОДЇ (љонишини сармуњаррир)

Почтаи электронї: [email protected]Сайти њафтанома: www.omuzgor-news.tj

Суроѓа: 734024, ш.Душанбе, к.Нисор Муњаммад, 13а. Телефонњо: ќабулгоњ – 221-63-36, љонишини сармуњаррир – 227-36-29, котиби масъул ва шуъбањо – 227-25-49

Њафтанома дар Муассисаи ХЊЊФ «Мушфиќї» ба табъ расидааст. | Индекси обуна – 68850 | Адади нашр: 29 837 нусха | Тарроњ: С. Ниёзов | Њуруфчинон: О.Љабборова ва Ш. Зафарзода

«Омўзгор» дар Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон тањти раќами 21Р – 405 19.12.2000 сабти ном шуда, тањти раќами 0018/рз, аз 14.09.2007 дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон аз нав номнавис гардидааст. Нашрия ба хотири чандандешї маводе низ ба табъ мерасонад, ки идораи њафтанома метавонад бо муаллифон њамфикр набошад ва барои онњо масъулият ба уњда нагирад. Дастхатњо ва суратњо ба муаллифон баргардонида намешаванд.

ОМЎЗГОР

ÕÀÍÄÀÐÅÇПАНЉ ЛАТИФА

АНЉОМ

ДАР БОРАИ ЌАБУЛИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ТАЊСИЛ БА МАКТАБЊОИ ОЛИИ ЉУМЊУРИИ БЕЛОРУС ДАР СОЛИ ТАЊСИЛИ 2013-2014

Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон барои тањсил дар мактабњои олии Љумњурии Белорус ќабули довталабонро барои тањсил тибќи бурсия дар зинањои мутахассис аз рўи ихтисосњои: рассоми ани-матсия ва наќќоши компютерї (1љой), муњандиси кўњї (1 љой), бунёди боѓу истироњатгоњњо (1 љой), њифзи комплексии объектњои иттилоотї (1љой), биотехнология (1 љой); дар зинаи дуюми тањсилоти олї (маги-стратура) аз рўи ихтисосњои: муњандис- гидротехник (1 љой) нерўгоњњои барќї (1љой) ; дар зинаи аспирантура (1 љой); аз руи ихтисосњои: тиб-би умумї (10 љой шартномавї), духтури дандон (2 љой шартномавї), муносибатњои иќтисодии байналмилалї (2љой шартномавї), муносибатњои байналмилалї (3 љой шартномавї), њуќуќи байналмилалї (3 љой шартномавї) эълон менамояд.Нархи шартнома баробари нархи донишљўёни Љумњурии Бело-

рус муќаррар карда шудааст (тахминан дар њаљми 1300-1700 доллари амрикої вобаста ба донишгоњ).Ба имтињони ќабул шањрвандони Љумњурии Тољикистон, ки дорои

тањсилоти миёнаи умумї, ибтидоии касбї ва миёнаи касбї мебошанд ва бо бањои хубу аъло тањсил намуда, забони русиро хуб медонанд, роњ дода мешаванд. Инчунин, аз рўи ихтисосњои замимагардида, донишљўёни курсњои якуми муассисањои тањсилоти олии љумњурї низ дар озмун иш-тирок карда метавонанд.Довталабон бояд њуљљатњои зеринро дар ду нусха ба забони русї ба

комиссияи кабул пешнињод намояд:а) анкета (дар комиссияи ќабул пур карда мешавад);б) нусхаи аттестат, диплом ва нусхаи табели бањоњои љамъбастї ё

маълумотнома дар бораи хатми синфи 11 бо натиљаи бањоњои љамъбастї барои нимсолаи аввали соли хониши равон (бо забони русї);

в) гувоњномаи тиббї ( справка ) оид ба гирифтор набудан ба бемории СПИД;

г) гувоњномаи тиббии намуди 086;ѓ) нусхаи шиносномаи шањрвандї;д) нусхаи шањодатномаи таваллуд;е) 4 дона расми 3х4Нусхаи њуљљати дар банди «б» зикргардида бояд ба таври нотариалї

тасдиќ шуда бошад. Барои довталабоне, ки ба муассисањои тањсилоти олии Љумњурии Бе-

лорус тибќи бурсияи тањсилї ќабул мегарданд, тањсил бепул буда, дар њаљми барои шањрвандони Љумњурии Белорус муќарраргардида стипен-дия дода мешавад. Масрафи роњ то љои тањсил ва бозгашт ба уњдаи худи донишљўён мебошад. Донишљўён бо хобгоњ таъмин карда мешаванд, ки маблаѓи он ба андозаи шањрвандони Љумњурии Белорус муќаррар карда шудаст. Хизматрасонии тиббї дар асоси суѓуртаи тиббї, ки донишљў, магистр ва аспирант дар њаљми 250 (дусаду панљоњ) доллари амрикої аз њисоби маблаѓњои шахсиаш уњдадор аст, пардохт намояд, дар давоми соли тањсил пешнињод мегардад.

Њуљљатњо дар Муассисаи давлатии «Маркази барномањои байналмилалї» (ш.Душанбе, кўчаи Мирзо Турсунзода, 47, тел: 221-11-75) аз 17-уми июн то 26 июни соли 2013, аз соати 9:00 то 17:00 ќабул карда мешаванд.Имтињони ќабул барои донишљўён ва магистрон 28-29 июни соли 2013,

соати 8:00 дар бинои асосии Муассисаи давлатии «Маркази барномањои байналмилалї» дар шакли санљиши тестї бо забони русї дар заминаи барномањои таълимии мактабњои тањсилоти умумї доир мегардад. Ин-чунин, довталабон аз забони русї диктант месупоранд

Комиссияи ќабул

ЭЪЛОН

Ќабули донишљўёнробарои соли тањсили 2013-2014 аз рўи ихтисосњои зерин

эълон менамояд:- мусиќишиносї- фортепиано - дирижёри хор - асбобњои торї - камонї (скприпка, алт, виолончел,

контрабас) - асбобњои зарбї - нафасї (флейта, гобой, кларнет,

фагот, волторна, труба, тромбон, саксафон, асбобњои зарбї)

- асбобњои халќї (най, чанг, ќонун, рубоби прима, рубоби ќошѓарї, рубоби бадахшонї, рубоби бас, дутор, дойра, ѓиччак, баян- аккордеон)

- сурудхонии академї- сурудхонии анъанавї- режиссура (ороиши сабти овоз)Ба Коллељи санъат аслан онњое ќабул карда мешаванд,

ки маълумоти ибтидоии мусиќї дошта, њамчунин маъ-лумоти миёнаи тањсилоти умумї (синфи -9) ё умумии асосї (синфи-11) -ро доранд. Ба таври истисно, бе маъ-лумоти ибтидоии мусиќї онњое ќабул карда мешаванд, ки ќобилияти хуби сарояндагї, њиссиёти зарбї, шунавої ва њофизаи мусиќї доранд.

Шакли тањсил - рўзона (3 солу 10 моњ, буљавї ва шартномавї) ва ѓоибона (4 солу 10 моњ, шартномавї) Тањсил ба забонњои тољикї ва русї.

Эзоњ: довталабоне, ки маълумоти ибтидоии мактаби мусиќї доранд ва имтињонњои Ихтисосро бо бањои аъло месупоранд, бе озмун ва ба тариќи буљавї ќабул карда мешаванд.

Довталабон аз фанњои зерин имтињон месупо-ранд:

1. Ихтисос.( иљрои барнома, суруд, зарб, хотирот, шунавої ва њофизаи мусиќї).

2. Забони модарї ( диктант ) 3. Таърих. (барои синфњои 11)Довталабон барои дохил шудан њуљљатњои зеринро

пешнињод менамоянд:1. Ариза ба номи директор2. Њуљљат дар бораи тањсилоти умумии асосї, ё умумї

(намунаи асл).3. Шиноснома (ё шањодатномаи таваллуд) 4. Маълумотномаи тиббї (шакли № О86 - у) 5. Маълумотномаи њайати оила ва љои истиќомат. 6. 6 адад расм (андозаи 3х4см.)7. Шањодатномаи њарбии даъватшаванда. 8. Тавсифнома.Ќабули њуљљатњо аз 1-уми июл то 10-уми август

Машваратњо (консултатсия) аз 10 август.Имтињонњои дохилшавї аз 15 август. Нишонии мо: 734024. ш. Душанбе, кўчаи Айнї, 47.

Тел. 227- 84- 51; 227- 34- 33. Комиссияи ќабул

ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «КОЛЛЕЉИ САНЪАТИ Ш. ДУШАНБЕ БА НОМИ АЊМАД БОБОЌУЛОВ»

ЭЪЛОН!Вазорати маорифи Љумњурии

Тољикистон барои ишѓоли мансабњои холии маъмурии хиз-мати давлатї ОЗМУН эълон ме-намояд:

-сармутахассиси шуъбаи низо-ми ахборотии идоракунии маориф - музди мењнат 700 сомонї;

-мутахассиси пешбари раё-сати тањсилоти олии касбї ва баъдидипломї - музди мењнат 571 сомонї;

-мутахассиси пешбари раёсати кадрњо ва корњои махсус - музди

мењнат 571 сомонї; Талабот ба довталабон:Тањсилот: олїЊуљљатњои зарурии пешнињод-

шаванда:- аризаи шахсї ба унвони

роњбари маќоми давлатї;- вараќаи шахсии бањисобгирии

кадрњо (бо 2 дона акси андозаи 4х6)

- тарљумаи њол- нусхаи њуљљатњо дар бораи

тањсилот- нусхаи дафтарчаи мењнатї - нусхаи шиноснома бо љойи

истиќомат- маълумотномаи тиббї оид ба

вазъи саломатии шакли 086 У

Суроѓаи ќабули њуљљатњо:Индекс: 734024 ш.Душанбе,

кўчаи Нисор Муњаммад, 13А (назди бозори Шоњмансур) тел: 227-67-07

Ќабули њуљљатњо то 28 июли соли 2013 (њар рўз аз соати 14:00 то 17:00) дар раёсати кадрњо ва корњои махсус - њуљраи 400, 412Озмун рўзи 03.07.2013, соати

10:00 баргузор мегардад.

Ба таваљљуњи собиќ донишљўёни факултети физика, шуъбаи физика-математика (гурўњи Б)-и Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи С.Айнї, ки онро соли 1973 хатм кардаанд, расо-нида мешавад, ки санаи

22-юми июни соли љорї вохўрии њамкурсон баргу-зор мегардад.Маълумоти бештарро

дар хусуси макону замони баргузории вохўрї мета-вонанд тавассути телефони 919-07-10-12 (Шарипов Ёд-гор) дастрас намоянд.

ТАВАЉЉУЊ!

Роњбаре ба ањли коргоњаш хитоб кард:

- Ман медонам, ваќте ки мурдам, њамаи шумо ба назди тобутам меоед, то ба он туф кунед!Яке аз зердастон садо дардод:-Ман намеоям, раис, тоќати дар

навбат истодан надорам.***

Шахсе аз донишманде мепурсад:

- Ба фикри шумо, фарќ байни до-нову нодон дар чист?

Ва посух мешунавад:- Фарќ дар он ки доно бар хилофи

нодон чунин суол намедињад.***

Марде аз он, ки намоишномаи ба тозагї ба сањна гузошташударо тамо-шо карда буд, пурсид:

- Чї хел? Тамошо кардан мумкин?Он шахс гуфт:- Метавонед ба тамошо равед, вале

бикўшед, ки пас аз ќисми аввали на-моишнома (он аз 3 ќисм иборат аст) аз театр берун шавед.

- Чаро?- Пас аз ќисми дуюм дар гардероб

навбат калон мешавад.***

Дугона, чаро аз ман намепурсї, ки чї тавр зиндагї дорам?

- Хайр, чї тавр зиндагї дорї?- Э, напурс!

***Шахсе дўстонашро ба мењмонї

даъват намуда, зимнан таъкид кард:- Огоњ бошед, ки занги дари хонаи

ман кор намекунад ва аз ин рў, чун омадед, дарро бо пой кўбед.

- Чаро бо пой?- Чунки яќин, ду дастатон пуропу-

ри њадяњост.

ЭЪТИБОР НАДОРАДШањодатномаи гумшудаи № ТШТА 610689, ки

онро соли 1992 мактаби №35-и шањри Душанбе ба Мирзоева Лайлї Миралиевна додааст, эътибор на-дорад.

ХХХШањодатномаи гумшудаи А 214365, ки онро

соли 1995 мактаби №52-и ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї ба Ѓиёсов Гулањмад додааст, эътибор на-дорад.

ХХХШањодатномаи гумшудаи 0447009, ки онро соли

2011 мактаби № 42-и ноњияи Фирдавсї ба Салихова Миљгона Рањмуллоевна додааст, эътибор надорад.

ХХХНомаи камоли гумшудаи А №212666, ки онро соли

1995 мактаби №40-и ноњияи Фирдавсї ба Шукуров Улуѓбек Эргашевич додааст, эътибор надорад.

ХХХНомаи камоли гумшудаи А№249917, ки онро

соли 1995 мактаби №34-и ноњияи Рўдакї ба Ша-рипова Назира Убайдовна додааст, эътибор на-дорад.

ХХХШањодатномаи гумшудаи АБ 086880, ки онро

соли 1992 мактаби №5-и ноњияи Фархор ба Саидова Зулайхо Зайниддиновна додааст, эътибор надорад.

ХХХДафтарчаи имтињонотии гумшудаи №00312, ки

ба донишљўи курси 2-и ихтисоси улуми исломии Донишкадаи исломии Тољикистон ба номи Имоми Аъзам – Абўњанифа ба Шодизода Кароматулло до-

дааст, эътибор надорад.ХХХ

Шањодатномаи гумшуди Т-ШТУ №0186861, ки соли 2008 мактаби №24-и ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе ба Зарипзода Сайљафари Зарипзод дода-аст, эътибор надорад.

ХХХНомаи камоли гумшудаи Т-ШТУ №0447979,

ки онро соли 2011 гимназияи 74-и ноњияи Фирдавсї ба Исмоилов Фаёз додааст, эътибор надорад.

ХХХНомаи камоли гумшудаи А№106623, ки онро

соли 1994 мактаби 74-и ноњияи Фирдавсї ба Билю-кова Наталия Евгеньевна додааст, эътибор надорад.

ХХХШањодатномаи гумшудаи Т-ШТУ №00477930, ки

онро соли 2011 мактаби №16-и ноњияи Шоњмансур ба Оќилов Бахтовар Хайруллоевич додааст, эътибор надорад.

ХХХНомаи камоли гумшудаи №186695, ки онро

соли 1989 гимназияи №74-и ноњияи Фирдавсї ба Романичова Ольга Юрьевна додааст, эътибор надорад.

ЭЪЛОН!Ба диќќати хатмкунандагони Донишгоњи дав-

латии омўзгории Тољикистон (факултаи забон ва адабиёти рус) дар соли 1978 расонда мешавад, ки вохўрии хатмкунандагон ба љашни 35-солагї дар бинои Донишгоњи омўзгории давлатии Тољикистон ба номи С.Айнї дар шањри Душанбе соати 9-и пагоњи рўзи 29 июни 2013 барпо мегардад.

Телефон барои тамос:919-275321, 93-889-96-63

Кормандони шуъбаи маориф ва њайати омўзгорони мактаби №93-и ноњияи Сино ба

директори мактаби №93 Исматова Нози-гул нисбати вафоти бемањали ШАВЊАРАШ

изњори њамдардї намуда, ба наздикону пайвандони марњум сабри љамил хоњонанд.