16
50 (11911) 13 декабри соли 2013 Бењин фарди љањон омўзгор аст, Аз ў сарсабзу хуррам рўзгор аст www.omuzgor-news.tj НАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ЊАФТАНОМА АЗ 20-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 1932-ЮМ НАШР МЕШАВАД ОМЎЗГОР МЕЊРНОМА Сархату сарвату сармояи инсон Ватан аст, Дар китоб аст, ки аз гўшаи имон Ватан аст. Лаззати хоки Ватан - лаззати гулзори бињишт, Бењтар аз тахти зару ганљи Сулаймон Ватан аст. Бе Ватан мешавї овораву бечораву зор, Одамиро ба љањон худ сару сомон Ватан аст. Эй писар, ќадри Ватанро зи ѓарибон ту бипурс , Орзуву њавасу њасрату армон Ватан аст. Њеч ганље ба љањон нест баробар ба Ватан, Ман чї гўям, ки бењ аз ганљи дилу љон Ватан аст. Аз Ватан рўй нагардон, ки нагардонад рўй, Гар хиёбон бувад он, ё ки биёбон, Ватан аст. Бењтарин љой бипурсанд агар, Хайрандеш, Ман ќасам мехўрам, эй дўст, ба Ќуръон, Ватан аст. Âàòàí Хайрандеш ОБУНА БА ЊАФТАНОМАИ «ОМЎЗГОР» БАРОИ СОЛИ 2014 ИДОМА ДОРАД РМБ 350101626 РМА 010009400 Ба «Омўзгор» СУРАТЊИСОБИ МО: Нархи обуна барои як сол бо тамоми хизматрасонињо 80 сомонї аст. ДХ БДА ЉТ «Амонатбонк» с/њ 20202972200817101000 њ/м 20402972316264 Хоњед, ки дар соли 2014 аз навгонињои соњаи маориф огоњ бошед, амру фармонњои вазири маориф ва илм, да- стуру санадњои Вазорати маориф ва илм- ро сари ваќт дастрас намоед, аз таљрибаи њамкасбон огоњ гардед, таљриба, андеша, дархости худро пешнињод карда таво- нед, ба њафтаномаи дўстдоштаи худ «Омўзгор» обуна шавед. ТАЪИНОТ ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН Дар бораи вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон таъин намудани Саидов Н.С. Мутобиќи моддаи 69 Консти- тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон фармон медињам: 1. Саидов Нуриддин Саидович вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон таъин карда шавад. 2. Фармони мазкур барои тасдиќ ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон пешнињод карда шавад. Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ш. Душанбе 27 ноябри соли 2013 76 Дар бораи муовини якуми ва- зири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон таъин намудани Мирбобоев Р.М. Њукумати Љумњурии Тољикистон ќарор мекунад: Мирбобоев Рањматулло Ма- даюбович муовини якуми вази- ри маориф ва илми Љумњурии Тољикистон таъин карда шавад. Раиси Њукумати Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон 6 декабри cоли 2013 582 ш. Душанбе Дар бораи Президенти Академи- яи илмњои Љумњурии Тољикистон таъин намудани Рањимов Ф.Ќ. Мутобиќи моддаи 69 Консти- тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон фармон медињам: Рањимов Фарњод Ќодирович Президенти Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон таъин карда шавад. Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ш. Душанбе, 6 декабри соли 2013 92 ЌАРОРИ ЊУКУМАТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН Саидов Нуриддин Саидович 25 ноябри соли 1956 дар ноњияи Данѓара таваллуд шудааст. Маълумоташ олї буда, соли 1983 Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистонро бо ихтисо- си омўзгор хатм кардааст. Доктори илмњои фалсафа, профессор мебошад. Фаъолияти мењнатиашро соли 1983 њамчун ассистенти кафедраи педа- гогика ва психологияи филиали До- нишкадаи давлатии омўзгории шањри Душанбе дар шањри Ќўрѓонтеппа оѓоз намуда, баъдан дар вазифањои ассистен- ти кафедраи фанњои љамъиятшиносии Донишгоњи давлатии Ќўрѓонтеппа, аспиранти кафедраи фалсафаи Донишгоњи давлатии Тољикистон, му- аллими кафедраи фалсафаи Донишгоњи давлатии Ќўрѓонтеппа, дотсенти кафе- драи фалсафаи Донишгоњи давлатии миллии Тољикистон, сардори раёсати тањсилоти миёна, олии касбї ва баъ- ди муассисаи олии касбии Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон ва сардори раёсати тањсилоти олии касбї ва баъдидипломии Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон кор кардааст. Аз моњи январ то ноябри соли 2008 дар вазифаи ректори Донишгоњи дав- латии омўзгории Тољикистон ва си- пас то соли 2012 дар мансаби ректори Донишгоњи миллии Тољикистон фаъо- лият намудааст. Аз январи соли 2012 то ба имрўз дар вазифаи вазири маорифи Љумњурии Тољикистон кор кардааст. Бо ордени «Шараф» дараљаи I сар- фароз гардидааст. Оиладор, соњиби 5 фарзанд мебошад. Бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 27 ноябри соли 2013 вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон таъин гардид. Мирбобоев Рањматулло Ма- даюбович 22 августи соли 1956 дар ноњияи Ашти вилояти Суѓд таваллуд шудааст. Маълумоташ олї, соли 1977 Донишгоњи дав- латии Тољикистонро бо ихти- соси иќтисодчї хатм кардааст. Номзади илмњои иќтисодї, дот- сент. Фаъолияти мењнатиашро аз соли 1977 дар вазифаи ас- систенти кафедраи иќтисоди сиёсии Донишгоњи давлатии Тољикистон оѓоз намуда, то соли 2006 дар вазифањои муаллими калони кафедра, муовини декан, дотсенти кафедра дар донишгоњи мазкур кор кардааст. Солњои 2006-2010 дар вазифањои декани факултети мо- лиявию иќтисодї ва факултети иќтисод ва идораи Донишгоњи миллии Тољикистон фаъолият намудааст. Солњои 2010-2012 вази- фаи муовини ректор оид ба таълими Донишгоњи миллии Тољикистонро ба уњда дошт. Аз соли 2012 дар вазифаи ректори Донишкадаи молия ва иќтисоди Тољикистон кор ме- кард. Оиладор, соњиби 3 фарзанд. Бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 6 дека- бри соли 2013 муовини якуми ва- зири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон таъин гардид. Рањимов Фарњод Ќодирович 19 сен- тябри соли 1968 дар шањри Панљакент таваллуд шудааст. Маълумоташ олї буда, соли 1992 Донишгоњи давлатии Тољикистонро бо ихтисоси физик, фи- зик - омўзгор бо дипломи аъло хатм кардааст. Доктори илмњои физика ва математика, профессор мебошад. Фаъолияти мењнатиашро њамчун лаборанти калони кафедраи физикаи умумї шурўъ намуда, соли 1995 рисо- лаи илмиашро пеш аз мўњлат дифоъ намудааст. Аз соли 1995 то соли 2000 ба њайси му- аллими калони кафедраи физикаи уму- мии Донишгоњи давлатии Тољикистон ва докторанти њамин донишгоњ фаъо- лият намуда, тањќиќоти илмиашро дар Пажўњишгоњи мутањидаи тањќиќоти ядроии шањри Дубнаи Федератсияи Россия идома дода, рисолаи доктор- иро дифоъ ва унвони илмии доктори илмњои физика ва математикаро соњиб гардидааст. Солњои 2005-2006 дар мансаби муовини вазири маорифи Љумњурии Тољикистон ва аз декабри соли 2006 то декабри соли 2013 муовини аввали ва- зири маорифи Љумњурии Тољикистон фаъолият кардааст. Муаллифи 4 мо- нография, 8 китоби дарсї, 4 дастури методї ва зиёда аз 95 маќолаи илмї мебошад. Барои хизматњои шоён дар соњаи илм бо љоизаи давлатї ба номи Исмоили Сомонї ва ордени Шараф дараљаи 2 сарфароз гардидааст. Оила- дор, соњиби 5 фарзанд мебошад. Бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 6 декабри соли 2013 Президенти Академияи илмњои Тољикистон таъин гардид. САИДОВ НУРИДДИН САИДОВИЧ вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон МИРБОБОЕВ РАЊМАТУЛЛО МАДАЮБОВИЧ муовини якуми вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон РАЊИМОВ ФАРЊОД ЌОДИРОВИЧ Президенти Академияи илмњои Тољикистон

Omuzgor #50 2013

  • Upload
    -

  • View
    302

  • Download
    0

Embed Size (px)

DESCRIPTION

 

Citation preview

Page 1: Omuzgor #50 2013

№ 50 (11911)13 декабрисоли 2013

Бењин фарди љањон омўзгор аст,Аз ў сарсабзу хуррам рўзгор аст

www.omuzgor-news.tjНАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

ЊАФТАНОМА АЗ 20-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 1932-ЮМ НАШР МЕШАВАД

ОМЎЗГОР МЕЊРНОМА

Сархату сарвату сармояи инсон Ватан аст,Дар китоб аст, ки аз гўшаи имон Ватан аст.

Лаззати хоки Ватан - лаззати гулзори бињишт,Бењтар аз тахти зару ганљи Сулаймон

Ватан аст.

Бе Ватан мешавї овораву бечораву зор,Одамиро ба љањон худ сару сомон Ватан аст.

Эй писар, ќадри Ватанро зи ѓарибон ту бипурс,Орзуву њавасу њасрату армон Ватан аст.

Њеч ганље ба љањон нест баробар ба Ватан,Ман чї гўям, ки бењ аз ганљи дилу љон Ватан

аст.

Аз Ватан рўй нагардон, ки нагардонад рўй,Гар хиёбон бувад он, ё ки биёбон, Ватан аст.

Бењтарин љой бипурсанд агар, Хайрандеш,Ман ќасам мехўрам, эй дўст, ба Ќуръон,

Ватан аст.

ÂàòàíХайрандеш

ОБУНА БА ЊАФТАНОМАИ «ОМЎЗГОР» БАРОИ СОЛИ 2014 ИДОМА ДОРАД

РМБ 350101626РМА 010009400Ба «Омўзгор»

СУРАТЊИСОБИ МО:

Нархи обуна барои як сол бо тамомихизматрасонињо 80 сомонї аст.

ДХ БДА ЉТ «Амонатбонк» с/њ 20202972200817101000њ/м 20402972316264

Хоњед, ки дар соли 2014 аз навгонињои соњаи маориф огоњ бошед, амру фармонњои вазири маориф ва илм, да-стуру санадњои Вазорати маориф ва илм-ро сари ваќт дастрас намоед, аз таљрибаи њамкасбон огоњ гардед, таљриба, андеша, дархости худро пешнињод карда таво-нед, ба њафтаномаи дўстдоштаи худ – «Омўзгор» обуна шавед.

ТАЪИНОТФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Дар бораи вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон таъин намудани Саидов Н.С.Мутобиќи моддаи 69 Консти-

тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон фармон медињам:

1. Саидов Нуриддин Саидович вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиќ ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон пешнињод карда шавад.

Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон

ш. Душанбе 27 ноябрисоли 2013 №76

Дар бораи муовини якуми ва-зири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон таъин намудани Мирбобоев Р.М.Њукумати Љумњурии

Тољикистон ќарор мекунад:Мирбобоев Рањматулло Ма-

даюбович муовини якуми вази-ри маориф ва илми Љумњурии Тољикистон таъин карда шавад.

РаисиЊукумати Љумњурии

Тољикистон Эмомалї Рањмон6 декабри cоли 2013 № 582

ш. Душанбе

Дар бораи Президенти Академи-яи илмњои Љумњурии Тољикистон таъин намудани Рањимов Ф.Ќ.Мутобиќи моддаи 69 Консти-

тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон фармон медињам:Рањимов Фарњод Ќодирович

Президенти Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон таъин карда шавад.

Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон

ш. Душанбе, 6 декабрисоли 2013 №92

ЌАРОРИ ЊУКУМАТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Саидов Нуриддин Саидович 25 ноябри соли 1956 дар ноњияи Данѓара таваллуд шудааст. Маълумоташ олї буда, соли 1983 Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистонро бо ихтисо-си омўзгор хатм кардааст. Доктори илмњои фалсафа, профессор мебошад.Фаъолияти мењнатиашро соли 1983

њамчун ассистенти кафедраи педа-гогика ва психологияи филиали До-нишкадаи давлатии омўзгории шањри Душанбе дар шањри Ќўрѓонтеппа оѓоз намуда, баъдан дар вазифањои ассистен-ти кафедраи фанњои љамъиятшиносии Донишгоњи давлатии Ќўрѓонтеппа, аспиранти кафедраи фалсафаи Донишгоњи давлатии Тољикистон, му-аллими кафедраи фалсафаи Донишгоњи давлатии Ќўрѓонтеппа, дотсенти кафе-драи фалсафаи Донишгоњи давлатии миллии Тољикистон, сардори раёсати тањсилоти миёна, олии касбї ва баъ-ди муассисаи олии касбии Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон ва сардори раёсати тањсилоти олии касбї ва баъдидипломии Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон кор кардааст.Аз моњи январ то ноябри соли 2008

дар вазифаи ректори Донишгоњи дав-латии омўзгории Тољикистон ва си-пас то соли 2012 дар мансаби ректори Донишгоњи миллии Тољикистон фаъо-лият намудааст. Аз январи соли 2012 то ба имрўз дар вазифаи вазири маорифи Љумњурии Тољикистон кор кардааст.Бо ордени «Шараф» дараљаи I сар-

фароз гардидааст. Оиладор, соњиби 5 фарзанд мебошад.Бо Фармони Президенти Љумњурии

Тољикистон аз 27 ноябри соли 2013 вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон таъин гардид.

Мирбобоев Рањматулло Ма-даюбович 22 августи соли 1956 дар ноњияи Ашти вилояти Суѓд таваллуд шудааст. Маълумоташ олї, соли 1977 Донишгоњи дав-латии Тољикистонро бо ихти-соси иќтисодчї хатм кардааст. Номзади илмњои иќтисодї, дот-сент.Фаъолияти мењнатиашро

аз соли 1977 дар вазифаи ас-систенти кафедраи иќтисоди сиёсии Донишгоњи давлатии Тољикистон оѓоз намуда, то соли 2006 дар вазифањои муаллими калони кафедра, муовини декан, дотсенти кафедра дар донишгоњи мазкур кор кардааст. Солњои 2006-2010 дар

вазифањои декани факултети мо-лиявию иќтисодї ва факултети иќтисод ва идораи Донишгоњи миллии Тољикистон фаъолият намудааст.Солњои 2010-2012 вази-

фаи муовини ректор оид ба таълими Донишгоњи миллии Тољикистонро ба уњда дошт.Аз соли 2012 дар вазифаи

ректори Донишкадаи молия ва иќтисоди Тољикистон кор ме-кард.Оиладор, соњиби 3 фарзанд.Бо ќарори Њукумати

Љумњурии Тољикистон аз 6 дека-бри соли 2013 муовини якуми ва-зири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон таъин гардид.

Рањимов Фарњод Ќодирович 19 сен-тябри соли 1968 дар шањри Панљакент таваллуд шудааст. Маълумоташ олї буда, соли 1992 Донишгоњи давлатии Тољикистонро бо ихтисоси физик, фи-зик - омўзгор бо дипломи аъло хатм кардааст. Доктори илмњои физика ва математика, профессор мебошад.Фаъолияти мењнатиашро њамчун

лаборанти калони кафедраи физикаи умумї шурўъ намуда, соли 1995 рисо-лаи илмиашро пеш аз мўњлат дифоъ намудааст.Аз соли 1995 то соли 2000 ба њайси му-

аллими калони кафедраи физикаи уму-мии Донишгоњи давлатии Тољикистон ва докторанти њамин донишгоњ фаъо-лият намуда, тањќиќоти илмиашро дар Пажўњишгоњи мутањидаи тањќиќоти ядроии шањри Дубнаи Федератсияи Россия идома дода, рисолаи доктор-иро дифоъ ва унвони илмии доктори илмњои физика ва математикаро соњиб гардидааст.Солњои 2005-2006 дар мансаби

муовини вазири маорифи Љумњурии Тољикистон ва аз декабри соли 2006 то декабри соли 2013 муовини аввали ва-зири маорифи Љумњурии Тољикистон фаъолият кардааст. Муаллифи 4 мо-нография, 8 китоби дарсї, 4 дастури методї ва зиёда аз 95 маќолаи илмї мебошад. Барои хизматњои шоён дар соњаи илм бо љоизаи давлатї ба номи Исмоили Сомонї ва ордени Шараф дараљаи 2 сарфароз гардидааст. Оила-дор, соњиби 5 фарзанд мебошад.Бо Фармони Президенти Љумњурии

Тољикистон аз 6 декабри соли 2013 Президенти Академияи илмњои Тољикистон таъин гардид.

САИДОВ НУРИДДИН САИДОВИЧвазири маориф ва илми

Љумњурии Тољикистон

МИРБОБОЕВ РАЊМАТУЛЛОМАДАЮБОВИЧ

муовини якуми вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон

РАЊИМОВ ФАРЊОД ЌОДИРОВИЧПрезиденти Академияи илмњои

Тољикистон

Page 2: Omuzgor #50 2013

№ 50, 13 декабри соли 20132 ОМЎЗГОР ПРЕЗИДЕНТ ВА МАОРИФ

1 сентябри соли 1964 мактаби 11-солаи таълими истењсолї ба 10-сола табдил дода шуд.

МУСОЊИБАВОХЎРЇ

ТАЪИНОТ

Мамадшо Илолов бо саба-би ба нафаќа баромадан аз ва-зифаи Президенти Академияи илмњои Тољикистон озод карда шуд.Фарњод Рањимов аз вазифаи

муовини якуми вазири маориф озод карда шуда, Президенти Академияи илмњои Тољикистон таъин гардид.Рањматулло Мирбобоев аз

вазифаи ректори Донишкадаи молия ва иќтисоди Тољикистон озод гардида, муовини якуми вазири маориф ва илм таъин карда шуд.Додихудо Саймиддинов бо

сабаби ба нафаќа баромадан аз вазифаи Раиси Кумитаи забон ва истилоњоти назди Њукумати Љумњурии Тољикистон озод карда шуд.Гавњар Шарофзода аз вази-

фаи ректори Донишкадаи так-мили ихтисоси хизматчиёни давлатї озод гардида, Раиси Кумитаи забон ва истилоњоти назди Њукумати Љумњурии Тољикистон таъин карда шуд.

Амонулло Салимов, ки то ин ваќт муовини ректо-ри Донишгоњи кишоварзии Тољикистон доир ба таълим буд, ректори ин донишгоњ та-ъин карда шуд.Анвар Абдурасулов бо са-

баби ба нафаќа баромадан аз вазифаи ректори Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик Муњаммад Осимї озод карда шуд.Њайдар Одинаев аз вазифаи

Директори иљроияи Филиали Донишгоњи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар Тољикистон озод карда шуда, ректори Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик Муњаммад Осимї таъин гар-дид.Раљабмад Амиров бо сабаби

ба кори дигар гузаштан аз ва-зифаи ректори Консерваторияи миллии Тољикистон озод карда шуд.Фароѓат Азизї аз вазифаи

муовини вазири фарњанг озод гардида, ректори Консервато-рияи миллии Тољикистон таъин карда шуд.Абдулњамид Нозимов

аз вазифаи мудири шуъбаи илм ва маорифи Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон озод карда шуда, Директори иљроияи Филиали Донишгоњи давлатии Маскав

ба номи М.В. Ломоносов дар Тољикистон таъин гардид.Ашўрбой Солиев ректори

Донишкадаи молия ва иќтисоди Тољикистон таъин карда шуд.Рустам Азизов аз вазифаи

ректори Донишкадаи кўњию металлургии Тољикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод шуда, ба љойи ў ба ин ва-зифа Мухтор Фозилов таъин карда шуд.Рустам Љалилов аз вазифаи

ректори Донишкадаи энерге-тикии Тољикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод кар-да шуд. Ба ин вазифа Хайрулло Назаров таъин гардид.Њамчунин, роњбарони

мактабњои Президентї барои хонандагони болаёќат дар ноњияњои Данѓара ва Бохтари вилояти Хатлон иваз карда шу-данд.Президенти кишвар Эмомалї

Рањмон зимни суњбат кадрњои ба вазифањои нави пурмасъу-лият таъиншударо ба ин муно-сибат табрику тањният гуфта, дар назди њар яки онњо доир ба љоннок намудани корњо вазифањои мушаххас гузошт. Дастуру супоришњо, аз љумла доир ба гузарондани ислоњоти куллї дар Академияи илмњои Тољикистон ва Академияи илмњои кишоварзї, њамќадам бо замони муосир рушду тако-

мул додани илму техника, ба-ланд бардоштани сифати таъ-лиму тарбия дар муассисањои олии тањсилотї ва афзун наму-дани самарабахшии корњо дода шуд.Мавриди зикри хос аст, ки

аксари нафарони имрўз ба вазифањои пурмасъулият та-ъингардида кадрњои љавону ояндадор мебошанд. Аз љумла Фарњод Рањимов, ки Пре-

зиденти Академияи илмњои Тољикистон таъин гардид, њамагї 45 сол дорад. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон таъкид намуд, ки барои омодасозии олимони љавон аз тамоми им-кону захирањо васеъ истифода бурда шавад, зеро синни миё-наи олимони њозираи Академи-яи илмњои Тољикистон ќариб 70 солро ташкил медињад.

«Ховар»

(Давомаш дар сањ.3)

Таѓйироти кадрї дар соњаи илм ва маориф

-Вилояти Суѓд дар њалли бисёр масоили соњаи маориф пешдаст аст. Далели ин маънї фаъолия-ти омўзгорону хонандагонаш дар озмунњост. Аз нигоњи Шумо, сир-ри ин дастовардњо дар чист?

- Калиди муваффаќиятњои мо ба чанд омил вобастагї дорад. Аввалан, шароити моддї –тех-никии муассисањои тањсилоти миёнаи умумї дар заминаи бар-номаи сохтмонї дар сатњи вило-ят барои солњои 2008-2010 рў ба бењбудї овард. Тибќи ин барнома мо 14 мактабро аз вагонхонањо бароварда, шароити тањсилро барои хонандагон бењтар на-мудем. Албатта, дар ин маврид ба мо дастгирињои њамешагии Њукумати Љумњурии Тољикистон ва дастурњои Президенти киш-вар кумаки зиёд намуданд. Оми-ли дигар таъминоти омўзгорони касбист, ки аз ин љињат њам мо тавонистем монеањоро бартараф намоем. Дуруст аст, ки имсол нис-бат ба њамин давраи соли гузаш-та норасоии кадрї дар вилоят ба чашм мерасад, вале агар мо нис-бат ба 5 сол пеш муќоиса намоем,

фарќият, пешравї хеле зиёд аст. Ба њар сурат, мо пайваста тадбирњо мељўем, то ташвишњо бартараф шаванд. Сеюм, эњсоси баланди масъулияти худи омўзгорони вилоят дар иљрои тамоми да-стуру супоришњост. Мењнати шабонарўзии омўзгорону роњбарони мактабњо дар омо-да намудани шогирдон барои иштирок дар озмунњо, баланд бардоштани сифати тањсилот, иљрои барномањои давлатї ва љалби падару модарон ба мактаб самарањои дилхоњ ба даст овар-данд.

-Яке аз омилњои рушди сифа-ти тањсилот ба мутахассисон вобастагї дорад. Ин пањлў дар ви-лоят чї бартарї ва чї мушкилињо дорад?

-Бале, дар њаќиќат, рушди си-фати тањсилот ба сатњи сифати дониши мутахассисон вобаста-гии зиёд дорад. Хушбахтона, дар вилояти мо имрўз 72 дарсади омўзгорон бо маълумоти олї фа-ъолият мебаранд. Натиљаи фаъо-лияти омўзгорон аст, ки таносу-би хонандагони хубхону аълохон дар миќёси вилоят сол то сол

бартарї пайдо карда истодааст. Љалби Агар соли 2005 эњтиёљоти кадрї 2500 нафарро ташкил ме-дод, имрўз ин теъдод ба 70 раси-дааст. Ташкилу баргузории озмунњои

гуногун миёни омўзгорону му-раббиён имкон медињад, ки фа-ъолият боз њам рушди тоза пай-до намояд. Ин аст, ки имсол аз њисоби хатмкардагони мактабњои миёна 10818 нафар ба мактабњои олї дохил шуданд, ки 4070 на-фари онњоро духтарон ташкил медињанд. Аз њама бештар хат-мкардагони мактабњои шањри Хуљанд 71,7%, Чкалов 57,7%, ноњияи Айнї 43,2%, Б.Ѓафуров 36,2% ба мактабњои олї дохил шуданд.

Соли љорї муваффаќиятњои хонандагони мактабњои вило-ят дар чорабинињои љумњу-риявї хеле назаррас буд. Дар олимпиадањои анъанавии љумњуриявї, номї, даставї, фосилавї 188 нафар хонанда-гони мо иштирок намуда, ба гирифтани 111 љойи ифтихорї сазовор гардиданд. Дар сессияи љумњуриявии Академияи хурди илмњои љумњурї 87 нафар хонан-дагони синфњои 9-11 (ѓолибони даври вилоятї) иштирок намуда, 20 нафар хонандагони синфи 11 аъзои њаќиќии Академияи хурди илмњо, 22 нафар аъзо-мухбир ва 45 нафар сазовори љойњои якум ва дуюм гардиданд. Дар умум дастаи вилояти Суѓд дар љумњурї сазовори љойи аввал дониста шуд.

Мушкилињо њам албатта, дар ин самт љой доранд, зеро љое, ки кор њаст, албатта, мушкилї њам њаст. Мушкили асосї ин аст, ки дониши аксари мутахассисони

Пешсафї шиори суѓдињост10-уми декабри соли љорї

гурўњи кории Донишгоњи мил-лии тадќиќотии иттиллооти технологї, механика ва опти-каи Санкт-Петербург (НИУ ИТМО) ба Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ташриф оварданд. Мењмононро муовини аввали вазири маориф ва илм Р.Мирбобоев ва корман-дони дигар сохторњои вазорат пазируфтанд. Зимни нишаст вобаста ба низоми тањсилот дар Љумњурии Тољикистон ва

НИУ ИТМО мубодилаи афкор сурат гирифт. Р.Мирбобоев вобаста ба

зинањои тањсилот дар муассисањои тањсилотии кишвар, њамкорињои Вазорати маориф ва илм бо дигар кишварњо, тањсили донишљўёну аспирантон ва магистрњо дар Донишгоњи шабакавии ИДМ ва дигар масъалањои марбут ба њамкорињои байналмилалї маъ-лумоти муфассал дод. Муовини ректори НИУ ИТМО

Юрий Колесников зикр намуд, ки то њол њамкорињои донишгоњи мо бо як ќатор донишгоњњои Љумњурии Тољикистон идома до-шта, маќсад аз сафари навбатї вусъат бахшидани ин њамкорињо мебошад.

-Дар донишгоњи НИУ ИТМО на танњо аз Љумњурии Тољикистон, балки аз дигар кишварњо низ тањсили худро идо-

ма дода, баъзеи онњо баъди хатм рисолаи номзадию докторї низ дифоъ менамоянд. Хатмкарда-гони донишгоњи мо шахсиятњои шинохта буда, њатто то манса-би Президентї расидаанд, ки Аскар Акаев, собиќ Президенти Ќирѓизистон, аз зумраи онњост,-ќайд намуд Ю.Колесников. Александ Бараненко, намояндаи дигари гурўњ иброз дошт, ки нис-бат ба донишљўён магистрњо хуб тањсил намуда, дар рафти тањсил ба гирифтани стипендия низ му-

шарраф мегарданд. Њамчунин, дар доираи њамкорињо хуб ме-буд, агар омўзгорон низ барои мубодилаи таљриба ва омўхтани роњњои нави омўзиш ба курсњои кутоњмуддати омўзишї фири-стода шаванд.Бояд гуфт, ки њайати

омўзгорону кормандони НИУ ИТМО дар рафти сафари корї аз Донишгоњи славянии Россия-Тољикистон, Донишгоњи техно-логии Тољикистон, Донишгоњи аграрии Тољикистон ба номи Ш.Шоњтемур, Донишгоњи тех-никии Тољикистон ба номи ака-демик М.Осимї ва Донишкадаи соњибкорї ва хизмат дидан на-муда, вобаста ба њамкории тара-файн созишномањо ба имзо хоњад расид.

Эњсони ХУШБАХТ,«Омўзгор»

Њамкорињо вусъат меёбандЊамкорињо вусъат меёбанд

Page 3: Omuzgor #50 2013

№ 50, 13 декабри соли 2013 3ОМЎЗГОР РАЊОВАРД

Аз соли 1964 усули тарбияи мењнатї, ки аз соли 1959 љорї гашта буд, барњам дода шуд.

(Аввалаш дар сањ.2)љавон то њанўз моро ќонеъ гардонда намета-вонад. Ин дар шароити имрўза барои баланд бардоштани сифати тањсилот ва донишомўзии хонандагон хеле ташвишовар аст. Дар њалли он њамбастагии мактаби миёна бо мактаби олї зарурати зиёд дорад.

-Бисёрињо њадс мезананд, ки љалби љомеа ва падару модарон ба мактаб кори сањл нест. Инро чї тавр шарњ додан мумкин?

- Њаќиќатан, љалби падару модар ва љомеа ба мактаб ба осонї даст намедињад. Зеро рўзгор муддате нигоњи самимиро ба мактаб ва тањсили шогирдон барканд. Имрўз, хушбахтона, ин нигоњ самимияти аввалаи худро пайдо кард, таваљљуњи волидон ба донишандўзии фарзандон зиёд шуд. Пештар кам ёфт мешуданд нафароне, ки барои тањсили фарзанди худ мактаби хуб ко-банд. Имрўз бубинед, ки мактабњои хусусї зиёд шуда истодаанд, дар онњо њатто љои нишаст на-мерасад. Ин гувоњи он аст, ки таваљљуњ воќеан зиёд шудааст. Чун зиндагї ранги тоза гирифт, кумитањои падару модарон њам фаъол шуданд. Имрўз дар вилояти мо ањли љомеа ва падару мо-дарон ба масъалаи таъминоти шароити тањсили мактаббачагон ањамияти љиддї медињанд. Бу-нёду таъмири мактабу синфхонањо, харидории компютерњо, таљњизоти гуногун, аз ќабили мизу курсї, тахтањои синфї, ашёи хониш мањз бо дастгирии волидон мушкили моро дар мак-таб осон мекунад. Акнун моро зарур меояд, ки таваљљуњи волидон ва љомеаро ба дигар самт равона намоем: масъалаи сифати тањсилот ва ахлоќи шогирдон то њанўз ташвишовар аст. Ба андешаи ман, дар њоле ки мо тавонистем пада-ру модарон ва љомеаро ба масъалаи таъмино-ти шароити тањсил љалб кунем, ин кор чандон душвор нест. Падару модаронро њам бо њар роњ њавасманд гардондан лозим аст, масалан, бо роњи ќадршиносии рўњиву молї. Аз ин љињат тадбирњои зиёдеро ба кор бурдан имкон дорад.

-Чизе, ки имрўзњо моро зиёд ба ташвиш мео-рад, нокифоягии донишњои педагогиву равонии волидон аст. Дар њоле ки иттилоот ва пешравї дар љомеа зиёд аст, ин коњишёбї метавонад монеањои дигарро ба бор орад. Кадом омилњоро дар ин маврид ба кор бурдан зарур аст?

- Норасоии донишњои равониву педаго-гии омўзгорон дар њаќиќат, ваќтњои охир ташвишовар гаштааст. Мо барои рафъи ин мушкилї барќарор намудани университетњои падару модаронро зарур донистем. Дар мактабњои вилоят ин мактаб бо роњњои гу-ногун, аз љумла, суњбату вохўрињо, ташкили чорабинињои њархела фаъолият мебарад. Дар ноњияи Бобољон Ѓафуров мањфили «Модаро-ни љавон» њам таъсис ёфтааст. Ин мањфил ба хотири зиёд гардондани маърифати модарони љавон, ки бори аввал фарзандонашонро ба мактаб меоранд, ташкил ёфтааст. Бо вуљуди ин, маърифати волидон ба такмил ниёз до-рад, ки нодида гирифтани он хато ва нобах-шиданист. Муаммоњо дар муносибати воли-дон бо фарзанд хеле зиёд љо доранд. Бисёр омилњое њастанд, ки ба тарбияи кўдак таъсир мерасонанд. Марказњои компютерї, интер-нет, мањворањо, телефон, ки аксаран диќќати бачањоро ба тамошои наворњои филмњои фањшу зўроварї љалб месозанд, имрўз моро бепарво гузошта наметавонанд. Ба ин масъа-ла бояд таваљљуњи алоњида зоњир кард. Мо Ќонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ќабул кар-дем, ки он се нињодро масъул гардондааст: мактаб, оила ва љомеа. Худ ќазоват кунед: аз ин се нињод воќеан, кадоме вазифаи худро ба дурустї иљро мекунад? Мутаассифона, ѓайр аз мактаб (љомеа-ку бетараф аст), оила дар ин маврид кор надорад. Бетарафї нињоят зиёд аст. Як ваќтњо њар аъзои мањалла ба таќдири фарзанди њамсоя кор дошт, бо зарурат ўро шарм медоронд, то ба њар кори номатлуб даст назанад. Имрўз чунин нест. Ваќте љомеа бета-раф бошад, ваќте волидон ба хотири пешбур-ди рўзгор бозор ё муњољиратро ихтиёр меку-нанд, оё мактаб метавонад аз уњдаи тарбияи бача ба пуррагї барояд? Албатта не, зеро тар-бия кори њамагон аст. Фикр мекунам, то дар оила ба тарбияи кўдак таваљљуњи љиддї зоњир нашавад, аз печидагињои он дар оянда рањо шудан осон нест. Барои ин баланд бардошта-ни маърифати волидон ногузир аст.

-Вазорати маориф ва илм як ќатор иќдомњоро дар мавриди ислоњоти соња ќарор додааст. Гузариш ба низоми нав (имтињонњои марказонидашудаи дохилшавї), низоми нави

бањогузорї аз љумлаи он иќдомњо мебошанд. Назари Шумо ба ин масъала чї гуна аст?

- Солњои пеш дар мактабњои олї омилњои субъективї зиёд эњсос мешуданд. Агарчи дар њар як синф хонандагони хубхону миёнахон ва сустхон њастанд, дохилшавии довталабон ба макотиби олї барои бисёрињо шубњаовар менамояд. Ќабули довталабон аз тариќи ИМД гумон мекунам, ошкор мекунад, ки айб дар ош аст ё дар мош. Ин тарзи ќабули до-вталабон дар замони муосир шаффофият ва воќеъбиниро ба мо пешнињод мекунад. Ба ин васила истеъдодњо љои худро мегиранд, зеро кафолати эътирофи дониши онњо љой дорад.

Дар масъалаи гузариш ба низоми нави бањогузорї бояд иќрор шуд, ки то имрўз мо аз низоми 5-балла натавонистем ба дурустї ис-тифода барем. Бубинед, ки мо бањои 1-ро уму-ман, истифода намебарем, бањои 2-ро танњо ба хотири мањкум кардани бесаводї ба бача мегузорем. Танњо бањоњои 3,4 ва 5 дар исти-фода ќарор доранд, ки ин барои бањои воќеї гузоштан нокифоя аст. Оё дар сурате ки дар як синф ќобилиятњо хеле гуногунанд, ин басанда аст? Ин низом фоизи азхудкардаи дониши ба-чаро муайян карда наметавонад (охир, 2 инко-ри дониши бачаро нишон медињад, 1 бадтар аз ин). Низоми 100-балла имкониятњои васеъ-тар дорад. Он ба мо имкон медињад, одилона, воќеъбинона, ба сатњи дониши ягон кас хиё-нат накарда, бањогузорї кунем.

- Фикр мекунам, омўзгор дар њама давру за-мон ва дар њама љо ќишри сермутолиаи љомеа аст. Ба андешаи Шумо, зарурати мутолиаро омўзгорони имрўз то куљо дарк карда метаво-нанд?

- Ба андешаи ман, бояд њамин тавр њам бошад, омўзгор на танњо набзи соња, балки набзи љомеаро бояд пеш аз дигарон эњсос на-мояд. Хушбахтона, имрўз ѓайр аз рўзномаву маљалла, интернет низ ба мо имкон медињад, ки аз уњдаи ин рисолати худ ба хубї баро-ем. Дастрасї, ки зиёд аст, тамоми фармоишу дастурњо ба омўзгорон тавассути сомонањои расмии вазорат, раёсат ва рўзномањои ви-лоятиву ноњиявї мерасанд. Омўзгорони мо имрўз дар њаќиќат, аз минбари «Омўзгор» ва дигар нашрияњои соња хеле васеъ истифо-да мебаранд. Онњо метавонанд бо ин восита назари худро баён кунанд, таљрибаи дигарон-ро омўхта, таљрибаи худро пањн намоянд. Аз минбари омўзгорон на танњо дастовард, ин-чунин, камбудиву нуќсони худро мебинанд. Омўзгорон имрўз дарк кардаанд, ки итти-лоъ чї ќадар зиёд бошад, сатњи донишашон њамон ќадар зиёд мегардад. Чунин худомўзї, аз болои хеш кор кардан бемуњобот, имкон медињад, ки дар амалигардонии њадафњои ин-тихобшуда, аз љумла, рушди сифати тањсилот натиљањои дилхоњ ба даст оварем.

- Соњаи маорифи вилоят чї монеањоро рў ба рўст ва оянда он чї интизорињо дорад?

-Имрўз, ки шароити рўзгори муаллим рў ба бењбудї оварда истодааст, бисёр монеањои пешорўи соња њам њалли худро ёфта истодаанд. Дастури раиси вилоят А.Ќодирї љињати дар њар шањру ноњия људо кардани замин (шањрак) барои омўзгорони љавон ва эњтиёљманд яке аз роњњои рафъи мушкилињост. Вале бо вуљуди дастгирињои зиёди роњбарияти њукумати љумњурї ва вазорат монеањо љой доранд. Имрўз барои омўзгорон масъалаи пардохти маблаѓ зимни сафари хидматї (барои такмили ихти-сос) њалталаб аст, барои мактабњо дар бисёр ноњияњо монеањои сунъї пеш овардани ќисман идорањои дахлдор нороњаткунанда аст. Зарура-те пеш омадааст, ки маќоми аввалаи созмонњои талабагиро барќарор намоем, коре бояд кард, ки хонанда ифтихорро аз шомил шудан ба он эњсос намояд. Барои фарогирии кўдакони син-ни томактабї дастгирии маќомоти мањаллї љињати баргардонии биноњои муассисањои он хеле муњим аст, чунки агарчи дар вилояти мо фарогирии кўдакон дар муќоиса бо љумњурї зиёд бошад њам (13 дарсад), бо назардошти та-лаботи зиёд, имконияти фарогирї кам аст.Умедворам, дар солњои наздик мо аз

мушкилињо рањо меёбем. Дар он сурат ањли маорифи вилояти Суѓд дар фатњи ќуллањои нави ѓолибият пешсафиро аз даст нахоњанд дод. Барои расидан ба њадаф омўзгорони мо њамкориро бо њафтаномаи «Омўзгор» ва маљаллаи «Маърифати омўзгор» ќавитар хоњанд гардонд.

Мусоњиб Саидаи ФАЗЛ,«Омўзгор»

Пешсафї шиори суѓдињост

Ў дар интињои асри 1Х ва иб-тидои асри Х зиста, аз хурдї ба омўзиши амиќ гаравидааст ва як силсила илмњои замонашро пурра аз худ намуда, алломаи айём гар-дидааст. Ин абармарди љањони илм дар заминаи таљриба ва тањќиќу

пажўњиш оид ба фанњои гуногун осори баарзишу пурмоя нигошта-аст. Ба тасдиќи алломаи дигари халќи тољик Абўрайњони Берунї аз Закариёи Розї 56 китоб дар соњаи тиб, 33 китоб оид ба улуми тиабиатшиносї, 7 китоб оид ба мантиќ, риёзиёт ва нуљум, 23 ки-тоб оид ба фалсафа, 14 китоб оид ба бахшњои дин, 23 китоб оид ба кимиё ва боз 17 китоб дар хусуси илмњои гуногун ба ёдгор монда-аст. Асарњои Закариёи Розї асрњо боз пайваста ба забонњои љањон тарљума ва батакрор чоп меша-ванд…Соли равон ба ифтихори 1150-

солагии ин донишманди шањир дар як ќатор мамолики љањон мањфилу њамоишњои баргузор гаштанд. Дар Тољикистон низ ба ин муносибат чорабинињои пурмуњтаво ташкил карда шуданд. Аз љумла, њафтаи гузашта дар Донишкадаи молия ва иќтисоди Тољикистон (ДМИТ) кон-фронси илмию амалии байналми-лалие баргузор гардид, ки ба њамин санаи фархунда – 1150-солагии За-кариёи Розї бахшида шуда буд. Дар он ќатори олимони тољик олимон аз Эрон, Русия ва Ќазоќистон иштирок доштанд.Ќисмати муќаддимавии кон-

фронс бо суханронии ноиби ректо-ри ДМИТ, профессор К.Њусейнов ифтитоњ ёфт. Мавсуф аз лањзањои муассири њаёт ва фаъолияти Закари-ёи Розї ёдовар шуд ва таъкид кард, ки ин олими бузург ба рушди илм дар арсаи љањон такони љиддие бах-

шидааст.Маърўзањои донишварони маъ-

руф М.Диноршоев, Б.Камолиддинов, А.Комилї, Н.Содиќова, Б.Исомат, С.Муњиддинов, З.Диноршоева (Тољикистон), Сиёмаки Мусавї (Эрон), П.Н.Николаев (Русия) ва

А.Нуралиев (Ќазоќистон) фарогири тањлилу тавсияи љанбањои гуногуни фаъолияти илмии Закариёи Розї бу-данд.Дар нимаи дуюми рўз ишти-

рокдорони конфронс ба ду гуруњ таќсим шуда, дар ду бахш: бах-ши илмњои гуманитарї ва бахши илмњои забоншиносї, педагогика ва методикаи таълим кори худро идома доданд. Ба бахши аввал му-дири кафедраи илмњои гуманита-рии ДМИТ, дотсент А.Муллољонов ва ба бахши дуюм мудири кафе-драи забонњои хориљии ДМИТ, дотсент И.Додољонова роњбарї намуданд.Дар њар ду бахш њам маърўзањои

љолиб шунида шуда, бањсњои дома-надор сурат гирифтанд.Шоистаи тазаккур аст, ки ба иф-

тихори ин конфронси байналмилалї, ба вижа, кафедраи забонњои хориљии ДМИТ корњои зиёди омодагиву со-змонбахширо иљро намуд. Аз љумла, бо ибтикори ин кафедра толору маљлисгоњ ва долонњои донишкада бо суратномаву овезањо, намоиши китобњо ва дастовардњои олимони таълимгоњ оро дода шуданд.Дар њамоиши љамъбастї ишти-

рокдорони конфронс иброз доштанд, ки он дар сатњи баланд сурат гирифт ва тадбирњои шоиставу мондагоре буд ба хотири гиромидошти 1150-солагии фарзанди фарзонаи халќи тољик Закариёи Розї.

А.МУРОДЇ, «Омўзгор»

ТАЉЛИЛ

Абармарди арсаи илм

Дар дењаи Абдул-бобиёни љамоати шањраки Обигарми шањри Роѓун мактаби нав барои 240 нафар хонанда мавриди исти-фода ќарор дода шуд. Мактаб бо мизу курсї,

компютеру принтерњо таъмин буда, дорои толори варзиш ва ки-тобхона мебошад.То солњои ќаблї

ин љо хонандагон дар хона-вагонњо таъли-му тарбия мегириф-

танд. Бинои мактаби нав бо маблаѓгузории маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Роѓун бунёд гардидааст.

Њокими Сафар, шањри Роѓун

Мактаби нав

Page 4: Omuzgor #50 2013

№ 50, 13 декабри соли 20134 ОМЎЗГОР ШАРАФМАНД

Аз соли 1975 дар ноњияњо комбинатњои байнимактабии таълимию истењсолї ташкил шуданд.

ЁДИ НЕКОН

ОѓозРўзи дигар муаллифи мусав-

вада Ќ. Каримов ба идора занг зада хоњиш намуд, ки бо яке аз њамкорони мо вохўрда, аз хусу-си љањду талошњои ин фидоии соњаи маориф ба таври муфас-салтар ќисса кунад. Бо супори-ши идора ба аёдати муаллиф, пири хирад Ќ. Каримов, ки ба-рои муолиља ба Душанбе ома-дааст, шитофта, ўро хушњол дарёфтам. Мўйсафед нахуст пурсид,

ки оё бо ќайдњои ў дар бо-раи њамсабаќ, дўст ва рафиќи шафиќи ў, ки ба идораамон фиристодааст, шинос шудаам? Чун тасдиќи суханашро шунид, хурсанд шуда илова кард:

- Писарам, дар бораи шодра-вон С. Фаттоев чї ќадар ќисса кунем, кам аст. Чун вай чунин инсони заминию њаќиќиро дигар надидам. Кордонию мањорат, одамдўстї, эњтиромаш нисбат ба дигарон, боинсофию рањмдилї аз љумлаи сифатњои бењтарини ў буданд. Њељ гоњ њаќќи касе-ро нахўрдааст, ба моли касон чашм ало накардааст. Њаќгўй ва росткор буд, аз ин рў, пеши касе сар хам намекард. Аз дониш ва мањорати модарзодиаш мебо-лид, њамеша ба муњтољон дасти кўмак дароз менамуд. Чунон ки Ќ. Каримов афзуд,

бо С. Фаттоев њабдањ сол ёру ошно ва њамеша пањлўи њам бу-даанд.

- Соли 1950 ба Институти ду-солаи муаллимтайёркунии шањри Кўлоб дохил шудем, - ба ёд мео-рад он солњоро Ќ. Каримов, - мо, њамномњо, чор нафар будем. Аз-баски ќади ман аз њама паст буд, «Ќосими хурдї» мегуфтанд. Дар ёдам њаст, ки Самад Фаттоевро бо сабаби бачаи фаъолу чусту чо-лок буданаш њамчун котиби таш-килоти комсомолї пазируфтанд. Ўро баъди хатми ин таълимгоњ директори мактаби њаштсолаи ноњияи Кўлоб таъин карданд. Баъдтар ба сифати мудири шуъ-баи маориф ба ноњияи Фархор фиристода шуд. Вай тадриљан то ба вазифаи мудири шуъбаи идео-логии ноњия расид. Соли 1959 Донишкадаи омўзгории шањри Кўлобро бо ихтисоси муаллими таъриху љамъиятшиносї ба ит-мом расонд.

- Солњои директори мактаб – интернат буданашро махсус бояд ќайд намоям, - мегўяд Ќ. Каримов - Њукумати ноњияи Шўроободро барњам доданду дар бинои он мактаб – интер-нат ташкил гардид. Ба ин љо аз тамоми љумњурї хоњишмандон оварда мешуданд. Як ќисми онњо бачањои боодобу фаъол

бошанд њам, ќисми дигарашон бетарбия, бепадар ва ё бемодар буданд, вале њайати 34-нафараи омўзгорон њамаи онњоро ба оѓўши гарми худ мегирифт. Бино ба ќавли њамсуњбатам, њамон сол омўзгореро роњбари ин таълимгоњ таъин намуданд, вале пас аз чанде бо љурми ноуњдабарої аз вазифааш сабукдўш карданд. Мањз худи вазири маорифи ваќт Тоњир Пўлодов ба мактаб – интернат рафта, С. Фаттоевро директор таъин намуд. Вазир гуфт:

- Додар, ба шумо бовариамон калон, худатонро њамчун сарва-ри пухтакор нишон дињед. Танњо њамин ду дањон сухани

вазир ба вай илњом бахшиду аз самими дил ба фаъолият шуруъ намуд.

- Он ваќт, - мегўяд Ќ. Каримов, - банда дирек-тори мактаби ноњияи Њамадонї будам. Фатто-ев хоњиш кард, ки биё, бо њам кор кунем, ин љо ди-гар касе ба ман мисли ту наздик нест, охир бо њам як љо хондаем – ку, якди-гарро хуб мешиносем. «Аз сухани дўст шикастана, гардани шайтон шика-над» - гуфта розї шудам. Њамин тавр, њафт сол љонишини ў будам. Дењаи Саричашмаи

ноњияи Њамадонї об на-дошт. Директор ба хулосаи ќатъї омада буд: интерна-тро бояд обод кард! Њар рўз соати 6 – и пагоњї ба кор омада беваќтињои шаб ба хона мерафтем. Дањ гек-тар замини атрофи мактаб – интернатро, ки санглох буд, ба боѓи сабзу хуррам табдил додем. Бисёрињо аввалњо бовар надоштанд, ки ин љо дарахт сабз мешавад, аммо бо кўшишу ѓайрати њамагон дарах-тони себу нок рўз ба рўз нашъу-намо меёфтанд. Азбаски замин лалмї буд, дарахтон эњтимоли хушк шудан доштанд, вале мо чанд усули эмин нигоњ дошта-ни онњоро ёфтем. Яке аз онњо алафњои даравидашударо захи-ра намуда, ба бехи њар як дарахт љамъ овардан буд. Ин усул нигоњ доштани намиро таъмин ва да-рахтонро аз хушкшавї пешгирї намуд. Минбаъд боѓ ба 22 ва нињоят ба 54 гектар доман пањн кард. Ин амали мо овоза шуд ва њатто Раиси Совети Вазирони љумњурї Р. Додихудоев ба мактаб чанде аз роњбарони хољагињои ноњияро њамроњ оварда нишон дод, ки аз мо тарзи нигоњдории нами замини лалмиро омўзанд. Усули кори дигарамон ин

буд, ки ба њар як нафар шогир-дамон 5 дарахтро вобаста кар-да будем ва нигоњубини онњо ба зиммаашон буд.

Маслињат- Дар ёдам мондааст, ки ба

интернат муовини вазири мао-риф А. Романовский ташриф оварда буд, - он солњоро ба хотир меорад Ќ. Каримов.-Аз С. Фаттоев пурсид, ки мудири маориф, ки шудї, киро ба љоят тавсия медињї?

- Ба ман бошад, - гуфт С. Фаттоев, - Каримовро тавсия ме-додам. Ў муовини ман аст, вале кори муовин њам муњим. Хайр, њоло бубинем, мудир, ки таъин кардед, баъд ба ягон хулосае меоем.

- Ин тавр бошад, худат

медонї, - хандид А. Романов-ский. Вай дар ноњияи Њамадонї

корро шуруъ кард. Вазъият таш-вишовар буд. Вале дар як мудда-ти кўтоњ ба комёбињо ноил шуд. Ду маротиба шуъбаи маорифи ноњия ѓолиби мусобиќаи сотси-алистии љумњуриявї ва як маро-тибаи дигар ѓолиби мусобиќаи сотсиалистии умумииттифоќ шуд. Њатто, дар Намоишгоњи хољагии халќи Иттифоќ (дар шањри Маскав) гўшаеро аз комёбињои ањли маориф таъсис доданд. Бино ба гуфтаи њамсуњбатам

аввали солњои 60-уми ќарни гу-зашта усули таълими муаллимо-ни шањри Липетски Федератсияи

Россия ба њукми анъана даромада буд. Ин усул њамин тавр буд, ки муаллим баъд аз гузаштани чанд дарс менишаст ва хонанда ба љойи ў дарсро идома медод. Ин шакли таълимро мо низ дар мак-таб – интернат љорї кардем ва он самараи хуб дод. Њамон солњои хатми аввал аз сї нафар шогирд 27 нафарашон ба мактабњои олї дохил гардиданд. Албатта, њамааш ба шавќу завќ, донишу кордонї ва ташаббускорї во-баста аст. Њамаи ин сифатњо дар тинати С. Фаттоев љо ги-рифта буданд. Нињоят, вай соли 1965 мудири маорифи ноњияи Њамадонї таъин гардид. Рушду такомули соњаи маори-

фи ноњия ва омўзгорони вилоят бо номи фарзанди барўманди Тољикистон С. Фаттоев сахт алоќаманд аст. Хизматњояш фаромўш нагардиданд. Лекин соли 1974 кўрдилоне њам пайдо шуданд, ки аз њасад ба муќобили ў туњмату иѓво ташкил карданд ва њатто, ба ташкилотњои болої мактубњои беимзо навиштанд. Ба онњо бовар карда, ўро аз ва-зифаи мудири маориф барканор карданд. Ин беадолатињо ба ў таъсир карданд, ба бемории фи-шори хун гирифтор гардид…

Донишљўи оиладорОре, дар њаќќи С.Фаттоев

шогирдони зиёдаш, ки аксария-ташон имрўзњо шахсиятњои ши-нохтаи љумњурианд, суханони мењрбор гуфтаанд. Дар байни онњо намояндагони соњањои мухталифи љомеа, аз љумла, му-тахассисони арсаи сиёсат, илм, фарњанг, санъат њастанд. Ш.Шоњиён – раиси комис-

сияи марказии интихобот ва раъйпурсии љумњурї, А. Кўчаров, Ш. Кабиров, М. На-биев, С. Юнусов, М. Абдулло-ев, Д. Халифаев - докторњои илм, Алимуњаммад Муродї – шоир, Д. Холов, Љ. Сафаров, С. Муќимов – њунарпешањои шинохта аз љумлаи шогирдо-ни бевоситаи С. Фаттоеванд, ки онњоро њама мешиносанд. Адиби шинохта Карим Давлат њанўз соли 2005 – ум ќиссањо аз рўзгори пурбаракат ва фа-ъолияти мењнатию љамъиятии омўзгори асил ва ташкилотчии маориф, ёддошту хотирањои дўстону њамкорони ўро зери як муќова тањти унвони «Агар дар љањон набвад омўзгор…» гирд оварда буд.

С.Фаттоев бештар аз чил соли умри азизи хешро ба таълиму тар-бияи фарзандони халќ бахшидааст. Дар ривољу равнаќи соњаи маорифи кишвар хизмати бедареѓ намудааст. Њамчун ди-ректори мактаб, баъд-тар мудири шуъбаи мао-риф дар шањру навоњии Кўлоб, мудири шуъбаи маориф ва мудири шуъ-баи тарѓиботу ташвиќот дар кумитаи њизби коммунисти ноњияи Фархор, асосгузор ва директори мактаб – ин-тернати Саричашма, му-дири шуъбаи маориф ва омўзгори одї дар ноњияи Њамадонї-номгўи но-пурраи вазифањоест, ки мавсуф солњои дароз бар дўш доштааст. Бахусус, хизматњои

вай муддати дањ соли сарварии идораи маори-

фи ноњия буданаш самараи хуб доданд.

Мањз дар њамон ваќт заминаи моддию техникии муассисањои таълимї пурра такмилу таљдид ёфт, маљрои таълиму тарбия шаклу мазмуни нав гирифт. Ба њамин минвол, дар дењоти њудуди ноњия беш аз 60 муасси-саи таълимї бунёд гардид, ки кори сањлу осон нест. Бале, шахсиятњои шинохта

њамеша дар ёдњо боќї мемо-нанд. Зављааш Гулдастамоњ Ак-барова дар хотирањояш навиш-тааст: «Зиндагиамон дар шањри Кўлоб нињоят хоксорона мегу-зашт, лекин дўстону њамкорону ќадрдонњои шавњарам насибаа-шонро ёфта хўрда мерафтанд. Рўзе набуд, ки ба даргоњи мо мењмон наояд. Кўлоб ба мо файзу баракати хуб ато кард. Ёру дўстони шавњарам «ту сту-денти оиладорї» - гуфта, да-сти ёрї дароз мекарданд. Ба андешаи ман, давраи аз њама пурљўшу хурўши кору фаъолия-ти шавњарам ин њафт соли сар-вариаш дар мактаб - интернати Саричашма буд. Соли аввали кораш (с.1959) гўё хонаву дару фарзандонашро фаромўш карда буд. Ваќте хона гирифту моро њам ба Саричашма овард, аз кор њар шаб дер меомад, ваќте меомад, ки њама дар хоб будем. Бо вуљуди ин, хобаш намебурд, дар сањни њавлї ќадам зада, оид ба кадом масъалае андеша ме-кард, наќша мекашид. Дилам ба њолаш месўхт, вале аз дастам ёрї додан намеомад. Дар Сари-чашма гўё раиси њама буд, ки дењќон њам ба суроѓаш меомаду чўпон њам».

«Хонаи падар»- Ноњияи Њамадонї нис-

бат ба дигар ноњияњои Кўлоб навташкил ва пояи моддию техникии мактабњояш нињоят суст буд, - навиштааст.дар хотирањои хеш собиќ сар-духтури ноњияи Њамадонї, љонишини сардори раёсати тандурустии вилояти Хат-лон Абдулмаљид Њаќназаров, њатто, мактабњои миёнаи мар-кази хољагињо похсагї буданд. Роњбарони хољагињо ба сох-тмони мактабњо эътибор наме-доданд. Ба совхозњо маблаѓро давлат људо мекард, бинобар ин, сохтмони мактабњо нис-батан хуб буд. Масъалаи сох-тмони мактабњоро њамчун масъалаи раќами як Самад Фаттоев њамеша дар мадди назари роњбарони ноњия ва хољагињо мегузошт.Ноњияи навбунёди Њамадонї

аз он бурд дошт, ки роњбарони аввалини он Салимов, Нарзибе-ков, Холов, Раљабов шахсиятњои кордону ѓамхор будаанд ва дав-раи роњбарии онњо солњои рушду пешравии ноњия мањсуб мешуда-аст. Бешубња, тараќќиёт ва пеш-рафти соњаи маориф дар ноњияи мазкур ба ќобилияти баланди ташкилотчигии Самад Фаттоев низ вобастагї дошт. Суръати баланди сохтмони биноњои мак-табу муассисањои томактабї, тайёр намудани кадрњои соња, њамчунин, пешравињои љиддї дар соњањои тибу фарњанги ноњияи Њамадониро ба ќатори ноњияњои номдори Иттињоди Шўравї баровард ва ин соњањо сазовори чандин инъомњову ифтихорномањои Иттињоди Шўравї ва Љумњурии Тољикистон гардиданд. С. Фат-тоев аз ќабили роњбароне буд, ки умри хешро сарфи рушду нумўи таълиму тарбия намуда-анд.

Муњассилини мактаб – ин-тернат ин љоро «Хонаи падар» номгузорї кардаанд, зеро ак-сари омўзгорон аз роњбар сар карда, худро ѓамхори шогирдон њисоб мекарданд. – Тобистони соли 1979 буд. Ба сифати ха-барнигор ба љашни 20 - солагии мактаб – интернати «Комму-низм» - и Саричашмаи ноњияи Њамадонї рафта будам, - ба ёд меорад Карим Давлат. - Овозаи ин дабистонро пештар шунида будам. Дар дил орзу доштам, ки бо асосгузори ин таълимгоњ, муаллим С. Фаттоев аз наздик вохўрам. Њангоми тањсил дар мактаби олї њис мекардам, ки дастпарварони ин мактаб зами-наи мустањками дониш ва одоби њамида доранд. Онњо иќрор ме-шуданд, ки аз хатмкунандагони ин мактаб талабае нест, ки аз имтињони ягон мактаби олї на-гузашта бошад.Самад Фаттоев тавонист дар

баробари таълиму тарбияи фар-зандони халќ ёздањ нафар фар-зандони худро низ таълиму тар-бия карда, њамаи онњоро соњиби маълумоти олї гардонад. Имрўз онњо давомдињандаи кору пай-кори падари хешанд ва ифтихор аз он доранд, ки бо роњи ни-шондодаи ў ба барору комёбињо муваффаќ мешаванд.

Њотами ЊОМИД, «Омўзгор»

Халќро оњанрабо гардида буд

Page 5: Omuzgor #50 2013

№ 50, 13 декабри соли 2013 5ОМЎЗГОР ФАНЊОИ ДАЌИЌ

Соли тањсили 1979-1980 дар комбинатњои таълимию истењсолї 22 њазор нафар ба омўзиши 44 касб машѓул буданд.

ШЕВАИ ДАРС ОЗМУН

10 декабри соли 1896 хаба-ри марги Алфред Нобел, яке аз шахсиятњои бойтарини Аврупо, дар тамоми дунё пањн шуд. Дар он рўз рўзномањо

унвонњои ифтихорию илмї, дараљањои илмї ва ордену медалњои ўро њисоб мекар-данд.Њама њайрон буданд, ки 93

корхонаи Нобел, ки дар ак-сари давлатњои љањон сохта буд, мулкњои ў дар Шотлан-дия, Шветсария, Италия ва Франсия, коѓазњои ќиматноки дар бонкњои Лондон, Сюрих, Женева ва Вена мањфузбуда ба дасти кї мегузаранд? Њама мунтазир буданд, ки васиятно-маи Нобел кай чоп мешавад? Алфред Нобел њамчун химики бомањорат ва шахси бомаъри-фат шинохта мешуд. Ў борути бедуд, динамит, кафшер бо газ, шоњии сунъї ва ѓайраро ихти-роъ кардааст.Оилаи Нобелњо (падараш

Эммануэл ва се писари ў - Ро-берт, Людвиг, Алфред) - ихти-роъкор, олим ва саноатчї бу-данд.

Васиятномаи Нобел:«Ман, зеримзокунанда, Алф-

ред Бернхард Нобел, баъди анде-шаи тўлонї чунин арз менамоям: Њамаи боигарии ман дар шакли коѓазњои ќиматнок дар бонк гу-зошта шаванд. Ин коѓазњо фон-деро ташкил медињанд, ки фоизи даромади он њар сол ба шахсоне дода мешаванд, ки кашфиётњои онњо ба инсоният фоидаи калон дошта бошанд. Фоизњоро 5 њисса карда, чунин таќсим мекунанд: як њиссаи он ба шахсе, ки каш-фиёти муњим дар соњаи физика мекунад; як хиссаи дигар ба шах-се дода мешавад, ки дар соњаи хи-мия кашфиёт дорад, њиссаи дигар ба шахсоне дода мешавад, ки дар соњаи физиология ва тиб каш-фиёти барљаста доранд. Њиссаи

дигар дар соњаи адабиёт ва санъат ва як хиссаи ди-гар ба шахсе, ки дар кам кардани сафи армияњои мављуда, дастгирї ва њавасмангардонии конгрес-си сулњљўёна сањм доранд, супорида мешавад.Хоњиши асосии ман аз

он иборат аст, ки њангоми интихоби номзадњо барои гирифтани љоиза милла-ти онњо ба эътибор ги-рифта нашавад, бигзор бењтаринњо сазовори љоиза гарданд». Баъди марги Нобел до-

роии ў ба пул ва коѓазњои ќиматнок табдил дода шуд. Арзиши аслии онњо 31 млн. кронаи шведиро ташкил дод. Ин маблаѓ фонди мукофоти Нобелиро ташкил медињад.Њар сол дањ њиссаи фоидаи

бадастомада барои инкишофи фонд равона мешаванд. Чоря-ки он барои пардохти маблаѓи љоиза ва боќимондаи он ба панљ њиссаи баробар таќсим карда шуда, ба љоизадорон су-порида мешавад.Муайян кардани корњои

илмї ва кашфиёти олимоне, ки сазовори љоиза мебошанд, дар Шветсия ба амал меояд. Академияи илмњо соњибони љоизаро дар соњаи физика ва хи-мия муайян менамоянд. Инсти-тути тиббї-љарроњии Каролии шањри Стокголм љоизадорони тиб ва физиология ва Академи-яи адабиёти Шветсия асарњои бадеиро интихоб менамоянд. Соњибони љоизаро дар кори мустањкамкунии сулњ кумитаи 5-нафарае, ки аз тарафи парла-менти Норвегия тасдиќ карда шудааст, муайян менамояд.Супоридани мукофотњо њар

сол 10-уми декабр дар рўзи Но-бел, ки дар Шветсия онро ќайд

мекунанд, оѓоз мегардад. Нахустин мукофоти Нобе-

лии соњаи физика ба физикдо-ни барљастаи олмонї Вилгелм Рентген насиб гардидааст.Ў соли 1895 як тобиши элек-

тромагнитиро кашф кард, он тобиш ба шарафи кашшофаш тобиши рентгенї ном гирифт. Рентген он тобишро «тоби-ши X» ном нињод. Олимони

машњур Резерфорд (1908), Фре-дрик ва Ирен Жолио Кюрї (1935), Мария Складовская Кюри ва Томсон соли 1906 ин мукофотро сазовор шуданд. Олимони бузург Нилс Бор, Ре-зерфорд, Дирак, Њайзенберг, Ферми, Шредингер, физикони Шўравї Тамм, Черенков, Лан-дау, Басов, Прохоров, Капитса, Алфёров, Гинзбург барандаго-ни ин љоиза буданд.Нобел кашшофи яроќи

пурдањшат, муборизи роњи сулњ, капиталисти бузург буда, до-роии худро барои одамон васият кардааст; одаме буд, ки њазорњо ёрдамчї ва садњо корхона дар тамоми дунё дошт.Нобел кори бузурге кард.

Њар сол њама ба дастовардњои беназири олимони дунё, ки барои тараќќиёти инсоният наќши бузург доранд, ошно мегарданд.

Саломатшо ШИРИНОВ, омўзгори мактаби №49-и

шањри Вањдат, Азимхон МАЛАХОВ,

омўзгори мактаби №45-и ноњияи Рўдакї

Алфред Нобел- абадияте пас аз марг

Донишманде, ки дар соњаи хеш ба дараљаи њайратангез, ба андозае ки барои мардум тасаввурнопазир бошад, каш-фиёте кунад, дањои он соња мањсуб меёбад. Чунин инсонњо соњибони тафаккур ва истеъдо-ди фавќулоддаанд. Айёме буд, ки чену барчен кардани сатњи љараёни оби Нил ба тасаввури касе намеѓунљид ва онро ба љуз њосили хаёлоти орзупарварон хондан имкон надошт. Балки дар он замон ягон олими рўйи замин дар зењн гунљонида на-метавонист, ки чунин муаммо вуљуд дошта метавонад, чї ра-сад ба ба кашфи он муаммо ва дар мавриди њалли он андеша кардан. Боиси фахри мо бояд бо-

шад, ки фарзанди фарзонаи миллати тољик, донишман-ди бузург Ањмади Фарѓонї чунин муамморо кашф кард ва ба њалли он пардохт. Ўст кошифи дастгоњи обченку-нии “Миќёс-ан-Нил”. Ањмади Фарѓонї дар куљо ва чї тавр сохта шудани ин иншоотро аз рўйи њисобу китоб даќиќ му-айян карда, љазираи Равзоро љойи мувофиќ шуморид. Зеро аз сабаби дар ин мавзеъ баро-бар будани сатњи жарфои дарё љараёни об низ муътадил буд. Олими тавоно ба дохили ин-шооти обченкунї чоње канда, тавассути корез оби Нилро ба он чоњ пайваст. Ин кашфиёти бузург, ки дар љањон бо номи “Миќёс-ан-Нил” маъруф аст, ќариб 1150 сол инљониб даќиќ фаъолият дорад. Ин кашфиёт ба ањли дунё соњиби истеъдо-ди фавќулодда будани яке аз гузаштагони номвари моро со-бит сохтааст.Ањмад Абулаббос ибни

Муњаммад ибни Касир (соли вафоташ 861) мунаљљим, ри-ёзидон ва љуѓрофидон, дар Шарќ бо тахаллуси Њосиб (риёзидон) ва дар Ѓарб номи Алфраганус (яъне, Ал-Фарѓонї) шуњрат ёфта-аст. Ањмади Фарѓонї пас аз омўхтани асарњои олимони Юнон ба тарљумаи онњо пар-дохтааст. Ў дар давраи хило-фати Маъмун (813-833) дар бунёди расадхонањои Баѓдод ва Димишќ иштирок дошта-аст. Олими тавоно илмњои си-торашиносии замони худаш-ро љамъ оварда, тањти номи «Мадхал-ун-нуљум» маљмўае тартиб додаст. Ањмади Фарѓонї дар ин маљмўаи илмї танњо мураттиб нест, балки ў љамъбастгари маљмўи осо-ри нуљуми то он замон буда, навиштањои гузаштагонро бо назари тањлил омўхта, ба њар як назария фикр баён кардааст. Донишманди маъруф фикрњои як ќатор олимон, аз љумла Пто-лемейро танќид кардааст. Соли 812 дар асоси мушоњидањо дар расадхонаи Баѓдод кусуфи Офтобро пешгўйї ва шакли кура доштани Заминро собит кардааст. Ањмади Фарѓонї аз худ осо-

ри гаронбањое боќї гузоштааст. Ин осор дар китобхонањои бо-нуфузи Париж, Оксфорд, Лон-дон, Берлин, Ќоњира ва ѓайра мањфузанд.Метавон гуфт, Ањмади

Фарѓонї ба њайси як риёзидон, маъданшинос, љуѓрофиёдон, си-торашинос, заминшинос ва их-тироъкори иншооти обёрикунї донишманди энсиклопедист буд.

Тањияи М. ЭШОНЉОНОВА, «Омўзгор»

ЁДВОРА ДАР МАРЗИ ХУДШИНОСЇ

Ихтироъкори дастгоњи обченкунї кї буд?

лнР

тттРш

Дар њолати дуруст ва эљодкорона гузаро-нидани чунин корњо хонандагон ба фанњои даќиќ завќу таваљљуњ пайдо менамоянд. Ба-рои он ки дар ин чорабинињо фаъолона шир-кат варзанд, хонандагон тайёрї мебинанд, яъне бисёр китобу маљаллањоро љустуљў менамоянд ва ба ин васила, сифати дониши худро сайќал медињанд.Њоло мехоњам њамкорони хешро бо яке

аз намуди ин бозии шавќовари математикї, ки дар шабнишинињо ва дарсњои иловагї истифода мебарам, шинос менамоям.Барои гузаронидани ин бозии

математикї ба мо лозим аст, ки аз тах-таи андозаи 1х1 метрайнан мисли тахтаи бозии «майдони мўъљизот»-е, ки дар теле-визиони Россия бо роњбарии Якубовский

гузаронида мешавад, созем. Он тахминан чунин шаклро дорад:

А) Дар болои тахта даврае кашида, онро ба 6 ё 8 ќисми баробар таќсим мекунем.Б) Мурватеро бо тирча устувор мена-

моем.В) Дар яке аз таќсимот Б (бонкрот) дар

дигаре П (приз) ва дар дигар таќсимот бо воситаи ќоѓази сафед вобаста ба барномаи таълим мисолу масъалањоро мегузорем.Г) Мисолу масъалањоро тавре тартиб

додан лозим аст, ки љавобњо ягон рўзи љашнї ё ягон раќами махсусеро ифода на-моянд. (Мисол, дар љавоби масъала раќами 100 барояд, ба 100 моддаи Сарќонун ишо-ра бояд кард.Мисол:4 х – 1 = 874х= 87 +14х=88х=88:4х=22Раќами 22, 22 – солагии Истиќлолияти

Ватани азизамонро ёдрас мекунад ва хо-нанда соњиби 22 хол мегардад.Бозии «Майдони мўъљизот» одатан

шавќовар мегузарад ва хонандагон онро бесаброна интизор мешаванд. Онњо барои бештар омўхтани мисолу масъалањои бар-номаи синфиашон љидду љањд мекунанд. Вобаста аз мањорати хонанагон муаллим дар ќоидањои бозї метавонад таѓйироту иловањо ворид созад. Ин бозиро дар таъли-ми тамоми фанњо гузаронидан мумкин аст.

Тоњир ЃОИБНАЗАРОВ, омўзгори мактаби №2-и ноњияи

Шоњмансур

Майдони мўъљизанокДаври дуюми олимпиадаи хонан-

дагони мактабњои миёнаи тањсилоти умумии ноњияи Файзобод аз рўи њамаи фанњои даќиќ баргузор гардид. Дар он теъдоди довталабон нисбат ба солњои ќаблї ду баробар зиёд буд.Пеш аз оѓози олимпиада мудири

шуъбаи маориф Лутфулло Абдулло-ев довталабонро барои иштироки фа-ъолонаашон дар олимпиадаи имсола табрик карда, барояшон комёбињо орзу кард. Довталабони мактабњо, хонандагони синфњои VIII, V, IХ, Х, ХI дар олимпиада фаъолона ишти-рок карда, аксар ба саволњои тестї ва корњои хаттї љавобњои ќаноатбахш доданд. Дар олимпиада довталабони мактабњои миёнаи раќамњои 19, 27, 11 љойњои якум, дуюм ва сеюмро ба даст оварда, барои иштирок дар даври сею-ми олимпиадаи љумњуриявї роњхат ги-рифтанд.

Њокими САФАР, ноњияи Файзобод

Роњхат ба даври дуюм

Page 6: Omuzgor #50 2013

№ 50, 13 декабри соли 20136 ОМЎЗГОР ПЕШНИЊОД

Соли 1980 535 бригадаи истењсолї ва 487 урдугоњњои мењнатию истироњатї ташкил шуданд.

ПУРСИШУ ПОСУХ

МАСЛИЊАТИ МУТАХАССИС

Курсњои такмили ихтисоси муалли-мон ва кадрњои роњбарикунанда аз онњо истифода мебурданд. Курсњо 26-рўза (дар њаљми 156 соат) буданд ва имрўз њам бояд чунин бошад. Масалан, наќшаи таълимї-мавзўии курси директорони мактаби тањсилоти миёнаи умумї чунин ба тасвиб расидааст: проблемањои акту-алии назарияи марксистї-ленинї ва сиё-сати КПСС (28 соат); масъалањои наза-рия ва методикаи тарбияи насли наврас (24 соат); масъалањои актуалии психоло-гияи синнусолї, педагогї ва иљтимої (8 соат); масъалањои муњими дидактикї (12 соат); асосњои информатсионї ва техни-каи њисоббарор (12 соат); масъалањои иќтисодии низоми маориф, такмили идо-раи мактаб (56 соат); масъалањои одоби муошират (этикет) ва зебоипарастї (6 соат); масъалањои актуалии њуќуќї (4 соат); суњбат (машварат), санљиш (за-чёт), омодагї ва њимояи реферат (6 соат). Баъди он барномаи курс дода шу-дааст, ки он њар як мавзўи машѓулиятро дар њаљми 1-3 сањифа тавзењ додааст. Ин кори лекторро осон карда, мазмуни суњбати омўзгорро ба танзим медарорад ва сифату самараи машѓулиятро рушд мебахшад. Хубї ва дурустии ин кор дар он буд, ки мувофиќи дастури Ва-зорати маорифи ваќт-наќшаи таълимї-мавзўї ва барномањои курсњои такмили ихтисоси намунавї буданд. Дар асоси он мутасаддиёни курсњои такмили их-тисос барномаю наќшањои таълимии курси худро тартиб медоданд ва онњоро роњбари донишкада тасдиќ мекард.Соли 1999 дар асоси онњо бо ташаб-

буси худ наќшањои таълимї-мавзўї ва барномањои курсњои такмили их-тисоси ДЉТИБКМ-ро тартиб додам, ки то солњои 2005-2007 рўи кор буд.

Солњои 2007-2008 Вазорати маори-фи Љумњурии Тољикистон талаб кард, ки бояд барномаи таълимии курсњои такмили ихтисосро (бо аннотатсияи кўтоњ) коркард карда, барои тасдиќи мушовара пешнињод кунем. 27 номгўи барномањоро омода карда супориданд. Ин барномањоро шуъбаи мутасаддии дастгоњи Њукумат њам дида баромада буд. Ин барномањо солњои 2006-2010 рўи кор буданд. Боз дастури вазо-рат шуд, ки барои солњои 2011-2015 барномањои мављударо таљдиди назар карда, таѓйироту иловањо дароранд. Бо супориш ва ё хоњиш Барномаи на-мунавии бозомўзї ва такмили ихтисоси кормандони масъули раёсатњои маориф,

маќомоти мањаллии идории маориф (роњбарон, нозирон, мушовирон) ва роњбарони муассисањои таълимиро ба-рои солњои 2011-2015 дар њаљми ќариб 50 сањифа омода кардем. Ин барнома-ест, ки аз сиёсат ва идораи давлатии низоми маорифи Њукумати Љумњурии Тољикистон маншаъ мегирад ва мо бояд ин сиёсатро амалї намоем.Соли 2012 њуљљате ба дастам расид,

ки ба вазорат, АТТ, ДЉТИБКМ ман-субият дошт, номаш “Барномаи наму-навии такмили ихтисоси директорони муассисањои тањсилоти умумї”. Дар иљрои ин кор 22 нафар кормандони соњањои гуногун иштирок кардаанд. Ба наќшаи таълимии курси директорон ши-нос шудам. Ба ќисмати “Истиќлолияти давлати ЉТ ва сиёсати давлати ЉТ дар солњои маориф” (6 соат) ба љои 22-28 соат); масъалањои асосии педагогика (12 соат) ба љои 24-32 соат); идора ва сарварї дар соњаи маориф (75 соат ба љои 100 соат); идораи молиявї... (45 соат); коргузорї ва њуљљатнигорї (6 соат); асосњои технологияи информатсионї (12 соат, љамъ 156 соат, аз он љумла назариявї 88 соат, амалї 68 соат).Биёед, њар ќисмати наќшаи таълимї-

мавзўиро дар алоњидагї дида бароем: проблемањои актуалии сиёсї ва идо-рии давлатии Њукумати Љумњурии Тољикистон, ки дар ин ќисмат дар шакли дигар навишта шудаанд, љавобгўи ин масъала нестанд. Ба он 6 соат дода шудааст. Илова ба он, бар-номаи тавзењотии ин ќисмат ба тала-бот љавобгў нест. Шўрои Олии XVI Љумњурии Тољикистон, ќабули Консти-

тутсия, ќонунњои зиёд, ташкили давлат, њукумат, сиёсати давлатї ва хориљии Њукумати Љумњурии Тољикистон, Паёмњои Президент ва баромадњои бар-номавии он кас дар ин 20 сол мавзўи омўзиш бояд ќарор мегирифтанд. Ин соати зиёдро талаб мекунад.Ба ќисмати “Масъалањои асосии пе-

дагогика ва психология” 12 соат дода шудааст, ки 8 соати он корњои амалї мебошад. Муаллимони мо имрўз беш-тар ба назария ниёз доранд, на ба ама-лия. Онњо амалияро њар рўз дар мактаб мебинанд. Дар њамин љо ба масъалањои асосии педагогика камаш 10 соат бояд бошад (6 соат, 4 амалї додаанд).Дар сутуни якум “Директори мак-

таб” навиштааст. Дар он хуб мебуд, тавзењоти барномаро менавиштанд. Аљоиб, 15 соат лексия мешунавем, 4 соат муњокима ва арзёбї мекунем...Ќисмати сеюми наќшаи таълимї-

“Идора ва сарварї дар соњаи маориф”- бояд “Сиёсат ва идораи давлатии ни-зоми маориф” номида мешуд. Ба он 75 соат дода шудааст, аз он 30 соаташ амалї ва 45 соаташ назариявист. Ин ќисмати муњим бояд аз 100 соат кам на-бошад. Директорон бояд 2-3 маротиба ба мактабњои базавї барои омўхтани таљрибаи пешќадам раванд. Аз рўи 20 мавзўъ лексия пешнињод шудааст... баъд аз рўи 38 мавзўъ кори амалї гузаронида-анд: онњо аз тестњо иборатанд: масалан, мактабро аз рўи кадом нишондињандањо (?) тањлил мекунанд? Стратегия чист?; Назорати дохилимактабї сохторе аст (?), ки... (Чунин мисолњо зиёданд).Магар лектор (омўзгор) сиёсати дав-

латро, ки аз дањњо санадњои меъёрию њуќуќї маншаъ мегиранд, ба хонанда не, ба роњбари мактаб, ки фаъолияти он бевосита ба сиёсату идораи давла-тии низоми маориф тавъам аст, чунин таълим медињад? Тољикистони азизи мо соњибистиќлол буда, сиёсат ва низоми худро дорад.Ќисмати дигари барномаи мазкур

“Идораи молиявї дар муассисањои тањсилоти миёнаи умумї” ном дорад. Хуб мебуд, чунин мегуфтем: “Барно-маи омўзиши масъалањои иќтисодї ва молиявии низоми маориф”. Ба ин ќисмат 10 соат додан кифоя буд. Тала-бот њам њамин аст. Дар наќша ба он 45 соат додаанд (назариявї-25, амалї-20 соат). Вале дар сањифаи дигари барнома (сањифаи 18) 26 соат дода шудааст. Дар сањифаи 26 ќисмате њаст, ки “Саволњои назоратї оид ба менељменти молиявї дар муассисањои тањсилоти умумї” ном дорад. Мо имрўз чунин мактаб надорем. Он 19 саволро дар бар мегирад. Илова ба он, боз дар ин љо њам тест бояд гу-заронанд (35 тест). Њол он ки миќдори соатњои амалї 20- то нишон дода шуда-аст. Магар ин дуруст аст? Бинед, чї гуна тестњоянд: Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон №505 кадом сол ќабул шуд?; Формулаи њисоби буљети кадом аст? ва ѓ.Дар ин барнома боз луѓати истилоњот

ва луѓати истилоњоти идораи молияви-ро њам додаанд, ки аз нигоњи ман, лозим набуд.Њамин тариќ, барномаи мазкур-

ро рўи кор оварданд. Коркунони донишкадањо ба ин барнома чандон розї набошанд њам, ќарори мушо-вараро (25/34 аз 29.12.20012) дида кўшиш мекунанд, ки аз рўи он пурра амал кунанд. Вале лекторон аз уњдаи он (дар ќисми корњои амалї) барома-да натавонистанд. Масъалањои иќтисодї ва молиявии низоми маориф хусусиятњои худро дорад. Њар мутахас-сисе, ки дар ин соња кор накарда бошад, мушкилї мекашад. Сармуњосиби шуъ-баи маорифи ноњияи Фирдавсї розї шуд, ки фаќат 1 рўз (6 соат) бо шунаван-дагон машѓулият гузаронад. Маљбур шудем, ки соатњои боќимондаро ба омўзонидани масъалањои идории ни-зоми мактабу маориф дињем....Хулоса, ин барномаро мувофиќи

талаботи сиёсату идораи давлатии ни-зоми маориф коркарду корбаст кардан лозим аст. Магар ин дуруст, ки аз 26 рўзи курс 9 рўзаш ба корњои амалї (боз њам аттестатсия) бахшида шавад? Аз мутасаддиён хоњиш мекунам, ки боз як бор бо ин барнома дурусттар шинос шаванд.

Њабиб ИСКАНДАРОВ,барандаи Љоизаи Президенти Тољикистон дар соњаи маориф

Такмили ихтисос масъалаи љиддист

Ёдовар мешавем, ки ин масъала бори аввал нест, ки ба омўзгорон муаммо пеш мео-рад. Зеро на дар њама љо ва на њамеша ба ин чиз масъулини раёсатњои молия ва муњосибот розї шуда метавонанд. Чанд сол пеш пайи ин мавзўъ мо маќолаеро бо тањлил дар њафтатанома (бо њаммуаллифии С .И с к а н д а р . ”Муш к и л и омўзгорро кї њал мекунад?”) ба чоп дода будем. Ба суоли мо дар ин маврид муовини вази-ри маориф Фатњиддин Исмо-нов (он ваќт сардори раёсати банаќшагирї, иљрои бюљет ва ояндабинии ВМ) љавоб дода буд, ки њамљоякор, на соатбайъ, њаќќи гирифтани рухсатпулиро дорад. Баъдтар вазири молияи ваќт Сафаралї Наљмиддинов низ дар мусоњибааш ба мо по-сух дод, ки имрўз муњтавои онро њуќуќшиноси Вазорати маориф ва илми љумњурї Саидвалї

Ќодиров чунин шарњ дод:-Тибќи Ќарори Њукумати

Љумњурии Тољикистон №122 (17 апрели соли 1998) «Дар бораи шароити пардохти муз-ди мењнати кории кормандо-ни соатбайъ ва дар ду (чанд) љой коркунанда пардохта-ни ЉТ» (банди 9, «Шарои-ти кори муштараки корман-дони корхонањои Љумњурии Тољикистон» (замимаи ќарори

мазкур) рухсатии мењнатии пардохтшаванда ба муштарак-корони иљрокунандаи вазифаи коргар (новобаста аз ишѓоли мансаб тибќи љои асосї), инчу-нин ба муаллимони мактабњо, омўзгорони мактабњои олї, омўзишгоњњои касбию техникї, техникумњо ва монанди онњо, кормандони педагогии муассисањои томактабї, кор-мандони тиб ва дорусозї дода

мешавад. Ба муштараккорон рухсатии мењнатии пардохтша-ванда дар њолате дода мешавад, ки дар шартномаи (ќарордоди) мењнатї дарљ шуда бошад.

Яъне, дар шартнома ин нук-та таъкид шавад, њамљоякор њаќќи гирифтани рухсатпулиро дорад.

Аз идора: Зимнан ба диќќати масъулин мерасонем, ки Дасту-рамал “Оид ба тартиби пардох-ти музди мењнати кормандони соњаи маориф”, ки аз љониби Вазорати маориф, вазоратњои мењнат ва њифзи иљтимоии ањолї, молия ва Кумитаи љумњуриявии иттифоќњои ка-сабаи кормандони соњаи маориф 1 декабри соли 2010 тасдиќ шу-дааст, таљдиди назар мехоњад, зеро дар таъйиди баъзе масоил баёни мушаххас дида намеша-вад (аз љумла, ниг. ба моддаи 4.1 ва 4.2-и њамин њуљљат).

Масъули гўшаСаида НАБИЕВА

Даъвои њамљоякорон идома дорад

Ќодиров чунин шарњ дод: мазкур) рухсатии мењнатии

Page 7: Omuzgor #50 2013

№ 50, 13 декабри соли 2013 7ОМЎЗГОР СИМО

Соли тањсили 1979-1980 дар 3033 мактаб 995809 хонанда тањсил мекарданд.

ФАЪОЛИЯТ

Њамон давра аз падари бу-зургвораш шунида буд, ки «Иќдом кардану пушаймон шу-дан, бењтар аз ором нишастану орзу кардан аст». Акнун пада-раш кайњо аз олам гузашта ва ў њоло сари мизи корї ѓарќи гуф-тори фавќ зиндагї ва мољарои онро аз ќуллаи 63-и њаёт ба та-мошо нишаста Риштаи андеша боз њам ўро ба дурињои дур ме-барад, меравад мурѓи хаёлаш ба сайри олами љавонї. Саъю талошњои худ, хаму печи ма-сири зиндагї якояк аз навори хотираш мегузаранду ба лавњи дидааш наќши чењраи нуронии падар равшан њувайдо мегар-дад…Дар як зум гоње риштаи хаё-

лаш гусаста, ў ба худ меояд ва меандешад аз бурду бох-ти рўзгору муваффаќиятњои хеш… Дарвоќеъ, ў шахсест, ки на

танњо иштибоњ надорад, балки аз иќдоми худ пушаймон њам нест. Шиораш дар зиндагї танњо аз ин се калима иборат аст: Амал, амал ва боз њам амал! Шахсе, ки мавриди тасви-

ри мо ќарор дорад, мудири шуъбаи маорифи ноњияи Рашт Давлатмањмад Алиев мебо-шад. Ў 10 октябри соли 1950 дар дењаи Ялдамичи љамоати дењоти Ќалъанак дар оилаи кор-гар по ба арсаи њастї нињода. Падараш бобои Њаймањмад марди сахию ободкоре буд. «Дасти нињол дорад,»- мегуф-танд ўро њамдењагонаш дар суњбатњо. Њанўз њам дар њар гўшаю канори рустои Ялдамич

аз дасти ў дарахтњое муътамад ќомат афрохта…Давлатмањмад Алиев баъ-

ди хатми мактаби зодбумаш тањсили миёнаро дар мактаби №1, шањраки Ѓарм гирифта, соли 1967 бањри амалї намуда-ни орзуњои хеш барои тањсил ба ДДОТ ба номи С.Айнї рањсипор мегардад. Дар риш-таи физика ва математикаи донишкада бо бањои аъло тањсил намуда, баъди хатми он бо роњхати Вазорати мао-рифи Љумњурии Тољикистон ба ноњияи Рашт баргашта фа-ъолияти кориашро аз мактаби миёнаи №25, дењаи Ќалъанак оѓоз менамояд. Тайи ду соли кориаш дар мактаби мазкур њунар ва мањорати омўзгориашро бараъло нишон медињад. Омўзгори љавон буд њамон давра, вале аз ў ибрат мегирифтанду кор меомўхтанд омўзгорони собиќадор.Шуъбаи маорифи ноњия

њунар, мањорат, ќобилияту ис-теъдоди омўзгорї ва роњбарии ўро ба инобат гирифта мавсуф-ро бар курси думоњаи омодагї ба директории мактаб сафар-бар менамояд.Баъди хатми курс соли 1980

дар шуъбаи маориф ба њайси сарнозир ба кор шуруъ мекунад. Аз соли 1980 то соли 2010 дар вазифаи мазкур ва љонишини мудири шуъбаи маориф бо як фармон бенуќсон кор мекунад. Соли 2010 маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Рашт ва Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон ба дўши ў вазифаи мудирии шуъбаи маорифро вогузор намуданд. Инак, се сол аст, ки ў дар ин ва-зифа кору фаъолият дорад.Тайи се соли кории

ў, бо дастгирињои раиси ноњияи Рашт Саидумрон Абдурањмонов ва Вазири мао-рифи Љумњурии Тољикистон дар соњаи маорифи ноњия таѓйироти љиддие ба миён омад. Мањз дар давраи ко-рии ў бо маќсади пурра ба тањсилоти миёнаи умумї фаро гирифтани кўдакони синни мактабї, ба вижа духтарон, шумораи мактабњои тањсилоти миёнаи умумї аз 34 ба 52 адад расонида шудаанд. Як нукта мавриди зикр аст, ки солњои ќаблї дар маљмуъ аз љумлаи хатмкунандагони синфњои 9- ум њамагї аз 80 то 100 нафарї ба синфи 10 љалб карда мешу-данду халос. Ин боис ба он гардид, ки аз љумлаи хатмку-нандагони синфи 9-ум имсол 584 нафар духтарон дар синфи 10 ва 511 нафари дигар дар синфи 11 тањсил намуда ис-тодаанд. Ба мактабњои олї дохил гар-

дидани хатмкунандагон низ рў ба афзоиш ёфт. Мањз соли љорї аз љумлаи хаткунандагони мактабњои тањсилоти миёнаи умумии ноњия 438 нафар, аз љумла 39 нафар духтарон дохил карда шудаанд, ки ин дар ќиёс бо солњои 2009- 2010 дуюним баробар зиёд аст.То соли 2011 дар мактабњои

хориљи кишвар аз ноњия касе тањсил наменамуд. Ба ин масъа-ла шахсан худи ў машѓул гарди-да, дар натиљаи саъю талошњои зиёд ва бурдани корњои таблиѓотї муваффаќ гардид, ки алъон 49 нафар хатмкардагони мактабњои тањсилоти миёнаи умумии ноњия дар мактабњои олии хориљи кишвар расман тањсил намоянд. Дар ин давра дар соњаи

маорифи ноњия 25 бинои нави таълимии замонавї сохта ба истифода дода шуда, дар наз-ди мактабњои тањсилоти уму-мии ноњия бо дастгирии ањолї 92 синфхонаи иловагї сохта шудааст. Се бинои таълимии фарсудашуда, ки солиёни да-роз рўи таъмирро надида бу-данд, бо сифати замонавї таъмир ва таљњизонида шуда, як бинои хобгоњи 4 њуљрагї барои омўзгорон аз тарафи ањолї сохта шуд. Њамчунин 2 бинои таълимии дигар, ки сохтмонашон аз даврањои Шўравї нотамом монда бу-данд, идома ёфта, як ќисмашон њусни анљом ёфтаанд.Натиљаи ташаббускорињои

ў буд, ки соли равон бобати таъмиру тармими муассисањои таълимї аз њисоби ањолї ба-рои њар як мактаб аз 2 то 6 њазор сомонї кўмак расонида шуд.Зимни саъю талошњои ў

бо маќсади рушди тарбияи томактабї имрўз дар назди 34 мактаби ноњия аз њисоби Хази-наи кўдакони Созмони Мил-лали Муттањид (ЮНИСЕФ) Марказњои инкишофи кўдакон таъсис дода шудаанд, ки дар њамаи онњо 683 нафар кўдакони синни томактабї фаро гирифта шудаанд. Илова ба ин, зиёда аз 100 нафар кўдакони синни томактабии дигар ба боѓчаи бачагонаи №1 фаро гирифта шудаанд...Муњимтарин вазифаву

масъулияти зиндагї тарбия ва ба воя расонидани фар-занди солим, таъмини ша-роити зиндагї ва пойдории мустањками оила дар бароба-рии њуќуќи мард аз зан низ во-бастагии сахт дорад. Њамсари ў Б. Амонова маълумоташ олї, ихтисоси муаллимаи фан-ни математика, «Аълочии ма-роифи Тољикистон» буда, дар мактаби тањсилоти миёнаи умумии №26 солиёни дарозест, ки омўзгорї дорад. Номбур-да соњиби 6 нафар фарзанд, 2 духтар ва 4 писар мебошад. Њамаи фарзандони ў соњиби маълумоти олї ва љойи кор буда, духтари дуюми ў Сайёра Алиева номзади илмњои тиб гардидааст.

…Ў њанўз њам сари мизи корї нишаста ѓарќи андеша аст. Аз иќдоми худ пушаймон нест. Зеро такопў, љустуљў ва амал дар нињодаш модарзо-дист. Шиораш дар зиндагї аз ин се калима иборат буд ва алъ-он њам њаст: Амал, амал ва боз њам амал!..

Самандар ИСКАНДАРОВ, Шодї РАЉАБЗОД,

«Омўзгор»

Иќдом, такопў ва муваффаќият

МЕЊРНОМА ЧОРАБИНЇ

Фаъолияти педагогии худро дар мактаби миё-наи тањсилоти умумии №6 – и ба номи Жданови ноњияи Кўйбишеви вило-яти Ќўрѓонтеппа њамчун муаллими математика – физика оѓоз намуд. Аз соли 2000 то соли

2010 њамчун муаллими фанни физика дар гимна-зияи раќами 74 ва аз соли 2011 то 2012 дар гимна-зияи хусусии « Њикмат» фаъолият намудааст.

Аз моњи октябри соли 2012 тибќи озмун дар литсейи раќами 2 ду сол аст, ки аз фанни физика

дар синфњои таълима-шон бо забони русї дарс мегўяд. Омўзгор бо му-носибат , рафтору кир-дор, дониш, мањорат, малака ва истеъдоди омўзгории худ ба ќалби шогирдон ва њамкорон роњ ёфтааст.М. Исмоилов бањри

таваљљуњи шогирдонро ба фанни физика бештар љалб намудан, алоќаро бо устодони гимназия, литсейњо, донишгоњу донишкадањо мустњкам намуда, бањри дастрас на-мудани воситањои аёнї, асбобњо барои иљрои

корњои лабораторї, озмоишї ва амалї саъю кўшиш ба харљ медињад.Дар ташкил ва гуза-

ронидани њафтаи фанни физика хонандагонро ба навиштани реферат, маърўза ва ихтироъкорї њидоят мекунад.Шогирдони ў дар

олимпиадањои ноњиявї, шањрї, байналмилалї ширкат варзида, сазово-ри љойњои намоён гарди-данд.Соли 1973 дар кон-

ференсияи байни љумњурињои иттифоќї дар шањри Москва ишти-рок намуда, дар мавзўи «Тарбияи ватандўстї дар таълими физика» баромад намуд ва маќолааш дар китобчаи «Мулоњизањои олимони љавони физика» ( «Тезиси молодых учё-ных по физике») нашр гардидааст.

М. Исмоилов то ин дам зиёда аз 20 маќола таълиф кардаву дар маљаллаи «Мактаби

советї», нашрияњои «Маориф ва маданият», «Омўзгор», ва «Њомии омўзгор» ба чоп расони-дааст.

М. Исмоилов аз соли 1970 то соли 1997 њамчун сарвари њакамони фанни физика дар олимпиадањои љумњуриявї дар шањрњои Тифлис, Алмаато, Ново-сибирск, Минск, Киев, Боку, Свердловск ва Тошкент иштирок карда-аст.

Хизматњои ў бо ни-шони «Аълочии мао-рифи Тољикистон», Ифтихорномањои фах-рии «Академияи илмњои СССР» ва Ифтихорномаи фахрии Вазорати маори-фи Тољикистон ќадр кар-да шудааст.

Муњаммадї НАРЗИЌУЛОВ,

љонишини директор оид ба корњои таълимии литсейи №2 барои хонан-дагони болаёќати шањри

Душанбе

Омўзгор будан шараф аст

Њамон давра аз падари бу-

аќ

дт

Фаъолияти педагогии дар синфњои таълима-

коозкў

рофбамњи

олшшри

Дар шањри Кўлоб дар байни хонандагони зинаи ав-вали тањсилоти муассисањои таълимии шањру ноњияњои минтаќаи Кўлоб озмуни вилоятии «Донишвари умед-бахш» баргузор гашт. Њадафи асосии озмун муайян намудани хонандагони болаёќат, ки ба омўзиши фанњои забони модарї, риёзї ва табиї шавќ доранд, муайян намудани дараљаи фаъолият ва мањорати омўзгорони синфњои ибтидої буд.Аз байни 61 нафар иштирокчиёни озмун 40 нафара-

шон дониши хуб нишон доданд. Махсусан, иштироки фаъолона ва дониши хуби намояндагони шањри Кўлоб ва ноњияњои Данѓара, Ховалинг, Мўъминобод ва Шўрообод назаррас буд. Ѓолибон бо тўњфањои хотиравї ќадрдонї шуданд.

«Донишвари умедбахш»

Муассисањои таълимии ноњияи Мўъминобод ба давраи тирамоњу зими-стони солњои 2014-2015 омодагии хуб диданд. С.Рањимов мудири шўъба иброз намуд, ки дар ноњия 60 муассисаи таълимї ва як муассисаи томактабї фаъолият доранд. Бо дастгирии раиси ноњия то имрўз дар мактабњо 130 тонна ангишт, 1960 метри мукааб њезум, 3600 литр сўзишвории дизелї ва миќдори муайяни сўзишвории табиї захира

гардидааст.Дар мактабњо 610

бухорї 80 адад генера-тори барќї гузошта ши-шабандии мактабњо пур-ра ба анљом расидааст. Айни замон мактабњо бо гармидињї таъмин буда, мактабњои № 1,2,30,39,50, мактаб-интернат ва боѓчаи бачагон бо шабакаи барќи доимї пайваст карда шуда-анд.

Шариф АБДУЛЊАМИД,

«Омўзгор»

Омодагии хуб

Page 8: Omuzgor #50 2013

№ 50, 13 декабри соли 20138 ОМЎЗГОР МУШКИЛОТИ РЎЗ

Соли 1971 дар асоси факултаи варзиши Донишкадаи омўзгории шањри Душанбе Донишкадаи варзиш ташкил шуд.

СЕМИНАР

НИШАСТ ЊУЌУЌИ КЎДАК

Дар баробари ин, чанд сол аст, ки дар Љумњурии Тољикистон лоињаи «Пешгирии зўроварии хонаводагї» татбиќ шуда, аз љониби Ољонсии Швейтсария оид ба рушд ва њамкорї маблаѓгузорї карда мешавад. Дар чањорчўбаи маъракаи бай-

налмилалии «Шонздањ рўз бе зўроварии хонаводагї» ва бо дарна-зардошти иљрои Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Оид ба пешгирии зўроварї дар оила» аз 25 ноябр то 10 декабри соли љорї таљлили

якчанд чорабинии иттилоотї дар мавзўи кам кардани зўроварии хонаводагї ва баланд бардоштани сатњи маълумоти иштирокчиён ба наќша гирифта шудааст. Бо роњбарияти лоиња ва як ќатор

кормандони соњаи њуќуќ ва бо иш-тироки рўзноманигорони ватанию хориљї нишасти матбуотї барпо гардид. Зумрад Солиева, љонишини сардори раёсати муносибатњои байналхалќии ВКД Љумњурии Тољикистон, полковники мили-са, гуфт, ки раёсат њамеша бањри пешгирии чунин зуњурот аз тамоми воситаю имкониятњо истифода ме-барад. Аз љумла, дар назди вазорат утоќи махсуси бозпурсии шахсони ба хушунат, таљовуз ба номус ва одамфурўшї гирифторшуда таш-кил шудааст. Њамчунин, гурўњи махсус таъсис ёфтааст, ки дар бай-ни ањолї барои рањої ёфтан аз чу-нин амалњои ношоиста фаъолият

мебарад. Дар чор соли фаъолият ба

утоќи махсус тањия намуда, беш аз њазор нафар барои амали зуњуроти нангин бозпурсї шуда, тибќи љиноятњояшон ба муљозот кашида шудаанд. Вазорати корњои дохилии Тољикистон бо як ќатор вазорату идорањо, аз љумла, бо Вазорати мао-риф ва илми Тољикистон њамкории пайваста дорад. Раиси ташкилоти љамъиятии

«Занони маълумоти олидор» Г. Бобосодиќова ба он назар аст,

минбаъд дар ќонун. «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бояд таѓйиротњо ба амал оварда ша-ванд. Ба аќидаи ў, шояд дар наз-ди њукумат вобаста ба ин масъала Шўрои координатсионї ташкил гардад ё ин ки иљрои амали ќонун ба зиммаи Кумитиаи занон вогузор гардад. Чунонки Г. Бобосодиќова афзуд, дар 6 мактаби олии љумњурї ва 2 коллељи пойтахт мулоќотњои судбахш гузаронда шуд. Аз ху-суси зарурати ќабули Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Оид ба пешгирии зўроварї дар оила» сармутахассиси ваколатдор оид ба њуќуќи инсон Шањбоз Лоиќов андешаронї намуда, иброз дошт, ки амалї кардани он бояд ба тав-ри љиддї сурат гирад.

Њотами ЊОМИД, «Омўзгор»

Ба хушунат бачањо низ гирифторанд?

Дар баробари ин, чанд сол аст, мебарад.

Дар он С.Талбова, К.Шарифов, Э.Хушбахт, омўгори ин мак-таб М.Љабборова дар мавзўъњои касбомўзї, интихоби дурусти касб, наќши нашрияи «Омўзгор» дар ин самт ба хонандагон маслињатњои муфид доданд.Тавре иштирокдори семи-

нар С. Талбова иттилоъ дод, бо маќсади бештар кардани сама-раи машваратњои фардию гурўњї аз намудњои гуногуни вараќа ва саволномањо доир ба муайян кардани майлу раѓбат ва тањќиќи сатњи тайёрии касбии хонандаго-

ни синфњои болоии муассисањои тањсилоти миёнаи умумї, ибтидої ва миёнаи касбї, омўзишгоњњои касбию техникї, литсейю коллељњо ва пурсишњои равонї васеъ истифода бурда мешаванд. Аз љумла, ќабл аз семинари маз-кур бо хонандагони синфњои 9 ва 11 машваратњо доир гардида, ба иштирокдорон саволномањои тестї низ таќсим карда шуд, ки дар ин асос интихоби дурусти касби хонандагон муайян гардид.Эњсони Хушбахт аз иќдому

дастгирињои Президенти кишвар

дар самти маориф, аз љониби Вазо-рати маориф ва илм амалї гарди-дани як ќатор барномањои давлатї дар самти тањсилоти миёнаи касбї ва инъикоси њаёти њамарўзаи соњаи маориф дар њафтаномаи «Омўзгор» сухан кард. Зикр шуд, ки маќолањои мутахассисони Маркази љумњуриявии роњнамои касбї бо роњнамоии директори он Файзулло Шодиев дар мат-буоти даврї, хусусан, њафтаномаи «Омўзгор» доир ба интихоби бо-шууронаи касб, пешнињоди касбњои замонавї барои љавонон, ањамияти

машваратњои касбї дар интихоби касби љавонон нашр мегардад.

-Дар шароити кунунї њар як шахс имкони пурра дорад, мувофиќи майлу хоњиш, завќ ва истеъдоди фитрї бо назардошти шавќу раѓбати худ ва имкониятњои љомеа озодона касби дилхоњ, љойи тањсил ва кори худро интихоб на-мояд, -зикр кард иштирокдори се-минар С.Талбова. Дар охир натиљаи санљиши

тестии хонандагон вобаста ба ин-тихоби касб, ки ќаблан гирифта шуда буд, аз љониби мутахассисо-ни марказ дар назди хонандагон баррасї гардид.

К. ШАРИФОВ,мутахассиси пешбари

МД МЉРК

Њунар омўз к-аз њунармандї…

Соли 1971 дар ас

Этакакадам

нмразвакаса

Њадафи лоињаи мазкур аз байн бурдани хушунат алайњи кўдакон дар муассисоти баста, дар заминаи ќонунгузорї манъи нигањдории онњо дар якљоягї бо бузургсолон ва ќатъи љой до-дани ноболиѓон дар селулњои инфиродї (карсер) аст. Дар њамойиш намояндаи Марка-зи њуќуќи кўдакон Гулчењра Рањмонова изњор дошт, ки њоло дар ќонунгузории кишвар манъи ќатъии нигањдории кўдакон бо бузургсолон вуљуд надорад.

- Ќонунгузории Тољикистон имкон медињад, ки дар њолатњои истисної ноболиѓони ба ќавле «душвортарбия» њамроњи калон-солон дар зиндонњо нигоњ дошта шаванд. Ва дар ин маврид ягон фењристи хоси њолатњои истиної мављуд нест. Дар чунин шароит кўдакон метавонанд мавриди зўроварї ва хушунат ќарор ги-ранд, -изњор дошт Рањмонова. Мавсуф инчунин ќайд кард, ки селул (камера)-њои инфиродї дар муассисоти ислоњотии киш-вар чун таљрибаи замони шўравї боќї мондааст.

-Њолатњое њастанд, ки кўдакон ба муддати то 7 шабонарўз дар селулњои инфиродї нигањ дошта мешаванд ва маъмурони зиндон бо тавсияи кормандони тиббї онро амалї месозанд. Селулњои интизомї ва ё карсерњо усули истисноии муљозот бошад њам, он то њол дар ќонунгузории Тољикистон љой дорад,- гуфт ў. Намояндаи Идораи бай-

налмилалии ислоњот дар му-ассисоти бастаи Осиёи Миёна (PRI) Азамат Шамбилов дар ин бора таъкид кард, ки аз рўйи меъёрњои байналмилалї селулњои инфиродї ва интизомї дар муассисоти баста ба њайси љазои изофї манъ мебошад. Дар аксари мамолики пешрафтаи љањон чунин тарзи муљозот аз байн бурда шудааст.

- Алъон мо љиддан барои аз байн бурдани карсерњо

дар зиндонњои калонсолони Ќирѓизистон, Ќазоќистон ва дигар давлатњои љањон кор кар-да истодаем. Барои нафароне, ки мањбус шудаанд, ин њолат аллакай аз озодї мањрум будан аст, ки бешубња, љазои сангин аст. Онњо набояд ду маротиба љазо дода шаванд. Ба њамин хо-тир селулњои инфиродї омили зўроварї, хушунат, мањдудияти хуќуќи инсон ва рафтори берањмона мебошанд, - изњор дошт А.Шамбилов.Созмондињандагони њамоиш

ќайд карданд, ки солњои 2011-2012 аз љониби онњо пажўњише миёни 56 кўдак сурат ёфт. Аз ин теъдод 37 нафар изњор доштанд, ки мавриди хушунат ё озор ќарор гирифтаанд. «Воќеан, дар Тољикистон ќонуни мах-сусе вуљуд надорад, ки њуќуќи ќўдаконро аз фишору зўроварию шиканља њимоят кунад. Ќонун дар бораи зўроварї ва хушунат дар оила њаст, вале мо медонем, ки он на танњо кўдаконро, бал-ки тамоми оиларо дар назар до-рад. Ќонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд низ њаст, вале дар он масъулияти идороти давлатї ба тарзи лози-ма дарљ нагаштааст. Алалхусус масъулияти муассисоте, ки дар онњо тифлон нигоњ дошта ме-шаванд, ќайд нашудааст. Боз як санади њимояи њуќуќи кўдакон дар муассисоти баста мављуд аст, ки аз љониби њукумати киш-вар барарсї шудааст, вале он њамагї характери тавсиявї до-рад. Ба њамин хотир аз рўйи он на дар њамаи муассисањо кор бурда мешавад», - изњор дошт Гулчењра Рањмонова. Дар ин маврид Ваколатдори

њуќуќи башар дар Тољикистон Зариф Ализода гуфт:

- Дар кишвар айни њол ислоњоти ќонунгузории љиної рафта истодааст. Ба наздикї нусхаи љадиди кодекси љиноии Љумњурии Тољикистон рўйи

кор хоњад омад. Мутобиќ ба он интизор меравад, ки аз ин пас кўдаконро барои баъзе љиноёти начандон вазнин њабс накунанд. Алъон мо њамроњи вакилони Маљлиси намояндагон тарњи нави ќонуни њуќуќи кўдаконро омода карда истодаем. Дар он нуктањои муњим дар бораи њимояи кўдакон аз зўровариву шиканља ворид карда меша-ванд. Созмондињандагони њамоиш

аз охирин ќазияи марбут ба озору шиканљаи кўдак, ки бо мањкумшавии як маъмури мили-саи ноњияи Ёвон барои 7 сол ба зиндон анљомидааст, ёдовар шу-

данд. Машраб Алиев дар озору шиканљаи як ноболиѓи боздошт-шуда муљрим дониста шуд. Ин корманди милиса дар соли 2012 Хушваќт Мањмадсаидов, соки-ни 16-солаи ноњияи Ёвонро, ба гумони дуздї боздошта, маври-ди шиканља ќарор додааст. Ин кўдак пас аз бозпурсї ба хона баргашта, аз тарси шиканљаи он корманди милиса ќасди худкушї кардааст, аммо пай-вандонаш аз ин амал огоњ шуда, наљоташ додаанд. Ба гуфтаи кормандони Маркази њуќуќи кўдакони Тољикистон Хушваќт Мањмадсаидов дар љараёни шиканља шудан дар ноњияи гур-дааш осебњои љиддї дида ва бо мадади ин созмон љарроњї шу-дааст. Ќарор аст базудї хонаво-даи ў аз додгоњ дархости љуброн барои осеби љисмонию маънавї кунад. Дар ин росто, А.Шамбилов ба

таљрибаи PRI такя карда, таъкид дошт, ки корњои тавонбахшї (ре-абилитатсия) набояд пас аз озод шудани кўдакони мањбус оѓоз шаванд. Онњо бояд аз рўзњои ав-вали ба зиндон афтоданашон ба зиндагии берун аз мањбас омода шаванд. «Ноболиѓон дар муасси-соти баста набояд мањкум карда шаванд, онњоро дар чунин љоњо тарбия кардан бояд», - таъкид кард номбурда. Дар маросими рўйнамои

лоињаи «Мањви батадриљи кўдакозорї дар муассисоти ба-ста», ки бо мадади Иттињодияи Аврупо дар се кишвар - Тољикистон, Ќирѓизистон ва Ќазоќистон тайи се соли оянда амалї хоњад шуд, намояндаго-ни созмонњои Маркази њуќуќи кўдакон, Ваколатдори њимояи њуќуќи башар дар Тољикистон ва Идораи Байналмилалии Ислоњот дар муассисоти бастаи Осиёи Ми-ёна иштирок доштанд.

Ситорабону НАЗАРОВА, «Омўзгор»

Коршиносон зидди карсер барои кўдакони зиндонї

Page 9: Omuzgor #50 2013

№ 50, 13 декабри соли 2013 9ОМЎЗГОР МАЪРИФАТ

Соли 1978 Вазорати мактабњои олї ва миёнаи махсуси љумњурї таъсис ёфт.

АНИС

УСТОДОНИ МО

Ўро Фарњод Каримов ному на-саб аст ва солњои тўлонист, ки дар бузургтарин нашриёти мамлакат – “Адиб” кор мекунад. Соли панљум аст, ки масъулияти сарварии на-шриёти мазкурро ба зимма дорад. Чун аз ў хоњиш кардем, ки суњбате бо мо перомуни масоили китобу китобдорї дошта бошад, гарм па-зируфт ва сухане илњомбахш барои мо гуфт:

- Дар бораи китоб сухан гуфтан бароям њамеша гуворост. Ва чун донист, ки суњбати мо дар

њафтаномаи “Омўзгор” ба нашр хоњад расид, чењрааш бештар шу-куфт ва бидуни суоле аз мо оѓози сухан кард.

-Дар сањифањои “Омўзгор” ба табъ расидани њар матлабе боиси ифтихор аст. Ин нашрияи собиќадору маъруф дар таърихи матбуоти тољик мавќеи шоистае-ро дорост, соњибмактаб аст. Дар идораи “Омўзгор” бисёр чењрањои маъруфи илму адаби мамлакат кор кардаву бењтарин чакидањои хо-маашонро ба нашр расонидаанд. Ман аз овони мактабхониям бо “Омўзгор”, ки он ваќт “Маориф ва маданият” ном дошт, ошної пайдо карда будам.Бисёр шуморањои онро аз да-

сти устодонам ба орият гирифта, њарф ба њарф мутолиа мекардам ва махсусан, аз хондани нигоштањои бадеї лаззат мебурдам.Имрўз њам “Омўзгор”-ро пайва-

ста мутолиа мекунам ва хурсандам, ки он ба суннатњои дерини хеш, ам-соли њаќиќатпарастї, воќеънигорї, фасењгуфторї... содиќ мондааст.

- Барои ин ќадар мењру самими-ят нисбат ба њафтаномаи Омўзгор” аз номи кулли алоќамандони он ба шумо арзи сипос менамоем. Воќеан, муљиби ифтихори њар нашрия бу-вад њаводору хайрхоње чун шумо доштан. Дар идомаи суњбатамон аз забони шумо, ки њамбастагии ќавию њамешагї бо китоб доред,

сухане чанд дар ситоишу тавсифи “фурўѓи субњи доної” шунидан басо мароќовар ва хушоянд хоњад буд.

- Дар тавсифу ситоиш ва бузург-дошти китоб аз љониби ашхоси муъ-табару донишвар суханони зиёд, суханони баланду пурмењр гуфта шудаанд, мадњияњо иншо гардида-анд. Дар забони русї китобе њаст бо номи “Сухан дар бораи китоб” (“Слово о книге”). Њикматњо, гуф-тори пурмењр ва нуктаву ќайдњои зиёдеро дар таърифу тавсифи китоб дар бар мегирад он. Ва ин китоби бузургњаљм дар Русия беш аз дањ ма-ротиба батакрор нашр шудааст. Ки-тоби мазкурро мутолиа карда, кас боз њам ба китоб, ба ин муъљизаи муъљизањо сари таъзим фуруд мео-варад, ба азамату ќудрати он ќоил мешавад. Тамоми бузургони олам бунёди комёбињои хешро дар ки-тоб донистаанд. Ман љонибдори кулли тавсифоти эшонам ва аз ин лињоз дар иртибот ба суоли шумо чанд гуфтори њикматрезро аз ки-тоби мазкур иќтибос меоварам: “Китоб шуълаи дил, оинаи тан, омўзгори соњибхирад, дурафкани балоњо, њамроњи шавќбахш, дўсти содиќ, сарчашмаи забономўзї ва гулистони бехазон бувад”, - ин фармудаи Лука Пенна ном дониш-манди инглистабор аст. Суханони зер ба абармарди маъруфи ањди ќадим Ситсерон мутааллиќанд: “Китобхонї љавониро пурсамар ва пириро пурфарањ мекунад, хушбах-тиро меафзояд ва аз бадбахтї амон мебахшад”. Ин гуфтаи Горкийи бузург низ шоистаи таваљљуњ аст: “Китоб хонед, њар як китоб ба шумо хоњад гуфт, ки чї гуна бояд зист ва чї тавр хушбахт метавон шуд”. Ва бо ин њама, ба назарам, бењтарин ва муассиру пуробурангтарин си-тоишнома дар васфи китоб њамон шоњбайти машњури Абдурањмони Љомист:Аниси кунљи танњої китоб аст, Фурўѓи субњи доної китоб аст.Китоб роњбари маънавї, пири

хиради њамагон аст. Он ба сони машъали фурўзон муњити моро, љањони моро мунаввар мекунад ва њидоят ба љодањои ростин, даъват ба ростиву ростагорї менамояд. Бо китоб гаравидан маънои аз нокомї эмин буданро дорад. Пас, бигзор, китоб њамдаму њамрозу њамсафару њамнафаси њамешагии ањли љомеа бошад.

- Гоњо тавассути воситањои ах-бори омма нидоњои таассуфбо-ру ташвишомез оид ба костагии

таваљљуњи мардум нисбат ба кито-бу китобхонї шунида мешаванд. Шумо низ ба ин назар мувофиќед?

- Соле чанд ќабл аз ин ман њам сад дар сад бо инчунин нидоњо њамовоз будам. Воќеан њам, халќи тољик, ки табиатан китобхону ки-тобпараст аст ва эътимоду ихлос ба китоб дорад, замоне, аниќтараш, аз солњои навадуми садаи гузашта то ду-се соли охир аз “аниси кунљи танњої” барканор монда буд ва фикр мекунам, ки сабаби ин њолат возењу равшан аст: пеш аз њама, нобасомонињои рўзгор, вазъи га-рони иќтисодї, камбизоатии мар-дум…Хушбахтона, солњои охир вазъ

дигаргун гаштааст ва мо боз барме-гардем ба асли хеш, тадриљан хис-лати азалии мо – рўй ба фарњанг до-штан боз боло мегирад. Ман инро, ба вижа, њангоми сафарњои Кор-вони китоб дар тамоми манотиќи кишвар ба мушоњида гирифтаам. Зимни ин сафарњо мо дар маркази шањру ноњияњо намоиш ва фурўши китобњо ташкил менамудем ва зим-нан, назораи он манзарае басо ху-шоянду гуворо буд, ки чї тавр мар-дум ба амри дил ба намоишгоњи китоб меоянд, бо шавќ китобњоро вараќ мезананд, даста-даста ки-тоб мехаранд. Оре, љомеаи мо на танњо зоњиран, балки маънаван низ таѓйир меёбад, такомул мепазирад.Албатта, ба ин, пеш аз њама,

сиёсати хирадмандонаи Сарва-ри љумњуриамон, Љаноби Олї Эмомалї Рањмон мусоидат кар-да. Президенти муњтарами мо зимни аксар суханронињои хеш мардумро, ба вижа, љавононро ба китобдўстию китобхонї даъват менамоянд. Бо ибтикори Прези-дент дар Ватанамон Рўзи китоб (4 сентябр) муќаррар гардид, дар маркази тамоми шањру ноњияњои мамлакат фурўшгоњњои китоб ифтитоњ гардиданд, њамасола аз њисоби хазинаи Президент барои чопи бењтарин китобњо маблаѓи зиёд људо мешавад…Аминам, ки бо гузашти чанд

соли дигар ва дар радифи боз њам рушд ёфтани кишвар мардум боз њам бештар рўй ба китоб мео-варанд, китоб дигарбора љузъи муњиму ифтихори њар як хонадони тољик мегардад.

- Нашриёти “Адиб”, ки шумо њоло онро сарварї доред, бу-зургтарин муассисаи нашриявии Тољикистон аст. Фикр мекунам, бидуни тавзење ба фаъолияти он суњбати мо номукаммал хоњад буд.

- Нашриёти “Адиб” соли 1987 таъсис ёфтааст ва ѓолибан бо чопи адабиёти бадеї машѓул мебошад. Таъсиси ин нашриёт ба рушду та-комули адабиёти тољик такони љиддие бахшид. Дар як муддати кўтоњ (дар солњои аввали фаъолия-таш) нашриёт бо китобњои чопна-мудааш ва бо сифати мањсулоташ маъруф гардид, эътироф шуд. Дар “Адиб” китоб чоп кардан барои њар эљодкор шарафу ифтихор буд.Пас аз нобасомонињои солњои

90-уми асри гузашта, аз оѓози нахустдањсолаи асри навин на-шриёт тадриљаи эњё гардид, нерў гирифт, такмил ёфт. Махсусан дастгириву рањнамоии Президенти мамлакат ба ташаккулу пешрафти њаматарафаи нашриёт мусоидат кард. Дар шумори дигар тадбирњо Президент њамасола барои чопи асарњои адибон махсус маблаѓ људо менамоянд. Њоло “Адиб” фа-ъолияти бомарому бавусъат дорад ва пайваста бењтарин асарњоро ба нашр мерасонад. Танњо дар давоми се-чор соли охир нашриёт дар беш аз 10 озмун (аз љумла, дар озмунњои байналмилалї) ѓолибият ба даст оварда (барои чопи хушсифати китобњо, ороиш ва бандубасти онњо), соњиби љоизаву дипломњо гардид. Нашриёт њамбаста бо чопи бењтарин ва хушсифаттарин китобњо дар тарѓиби китоб ва ада-биёти бадеї низ фаъолияти муас-сир дорад. Мо ифтихормандем, ки мушкилињои зиёдеро бартараф карда, сатњу сифати табъу нашрро хеле баланд намудем. Хонандагони мо, ба вижа, чопи китобњои адибо-ни классики тољик ва љањонро пази-руфтанд. Чопи силсилаи 50-љилдаи “Ахтарони адаб”, ки бо ибтикори Президенти мамлакат оѓоз ёфт, њодисаи воќеан њам, муњиме гардид

дар муњити маънавии мамлакат (то имрўз беш аз 20 љилди ин силсила ба дасти хонандагон расид). Ба-рои мо хеле гуворо ва айни замон бењтарин мукофот аст, ки њар рўз теъдоди зиёди хонандагон, ањли зиё ба нашриёт занг зада, барои чопи хушсифати ин ё он китоби арзанда сипосмандї мекунанд. Ин ба мо илњом мебахшад ва моро водор ме-кунад, ки боз њам хубтару бештар фаъолият намоем.

-Оё нашриёти “Адиб” бо соњаи маориф њамкориву њамбастагї дорад? Дар ин самт аз љониби на-шриёт чї корњое сомон бахшида шудаанд?

-Њамбастагї бо соњаи маориф як љанбаи муњиму асосии фаъолия-ти мост. Омўзгорон дар њама гуна вазъу њолат хонандаи фаъоланд, њамеша таваљљуњ ба китоб, рўи даст китоб доранд. Солњои охир роњбарони мактабњо, мудирони китобхонањои мактабї ва дигар масъулини таълимгоњњо бевосита ба нашриёт мурољиат карда, ба-рои хонандагон даста-даста китоб харидорї мекунанд. Чопи чанде аз китобњоро мо дар заминаи хоњиш ва талаботи доираи васеи макта-биён бо наќша гирифтаву амалї намудаем ва ин корро минбаъд низ идома хоњем бахшид. Мо мунтазам ба мактабњои олї ва мактабњои тањсилоти умумї рафта, бо омўзгорону хонандагон мулоќотњо меороем, перомуни китобњои тоза-нашр мањфилњо ташкил менамоем ва аз ниёзмандињои хонандагон ба китобњои гуногун огањї пайдо карда, наќшаи чопи китобњоро аз љониби нашриёт такмил мебахшем. Як силсила китобњои мо барои кўдакону наврасон чоп мешаванд. Чунончи, соли сеюм аст, ки мо њикоятњои “Маснавии маънавї”, “Бўстон” ва чанд асари классики-ро дар бозгўии устод Гулназар дар шакли китобчањои насрии мусав-вар мунтазам ба нашр мерасонем.Ман хеле ќаноатманд аз онам,

ки нашрияњои Вазорати маориф, аз љумла, њафтаномаи “Омўзгор”-у маљаллаи “Маърифати омўзгор” дар тарѓибу ташвиќи китоб фаъо-ланд. Тарѓибу тавзењи китоб кори хайру бошарофат ва пурманфиат аст. Таманно дорам, ки минбаъд бо дастгирии нашрияњои Вазора-ти маориф њамкории нашриёти “Адиб” бо таълимгоњњо ва ањли таълиму тарбия боз њам таќвияту густариш ёбад.

МусоњибАбдурауф МУРОДЇ

Ў аз зумраи занњои њалиму ѓамхор, дидадаро, хушмуомилаю хушгуфтор, ўњдабаро ва масъулиятшинос буда, бо дасту дили пок, донишу мањорати балан-ди касбї миёни ањли љомеа, омўзгорону њамкорон ва донишљўёни Донишгоњи миллии Тољикистон соњиби обрўю эъти-бор гаштааст. Сарбаландї гар бихоњї бо њама якранг

бош, Ќолин аз садрангии худ зери по

афтодааст.Мардуми тољик маќоле доранд, ки «Да-

рахт дар як љой сабз мешавад». Агар аз њамин дидгоњ ба роњи тайкарда, рўзгору осор ва сањифаи зиндагии Њуснигул Талба-кова назар кунем, шоњиди ин гуфтањо ме-

шавем. Аз соли 1976 то ба њол ба донишљўёни факултетњои фило-логия, журналистика, таърих ва забонњои Осиё ва Аврупои донишгоњ аз назокати сарфу нањви забони адабии муосири тољик таълим медињад. Ривояте њаст, ки:

«Офтобро пурсида-анд, кї дар дунё аз њама бузург ва таво-но аст?» Офтоб дар љавоб мегўяд. «Аз њама бузург ва тавоно дар дунё инсон аст». Аз ў боз мепурсанд, ки: «Сабаби бузургию тавоноии инсон дар чист?». «Офтоб дар љавоб мегўяд, ки бузургию тавоноии инсон дар он аст, ки аз ў фарзанд ба дунё меояд». Бе муболиѓа,

дар зиндагї кам касоне њастанд, ки Худованд ба онњо чунин азамату бу-зургиро насиб гардонида бошад. Х у ш б а х т о н а ,

Њуснигул Талбакова дар баробари он, ки омўзгор асту дар таълиму тар-бияи љавонон сањм ме-гирад, инчунин модари хушбахту мењрубоне ме-бошад, ки ба ў фарзан-дони бонангу номус ато намуда, имрўз номбар-дораш њастанд. Ба зиндагии Њуснигул

Талбакова менигараму гуфтањои Ромен Роллан

ба хотир мерасад: «Хушнудии њаёт дар эљод аст. Эљод кардан маънои нест кар-дани маргро дорад». Кї медонад? Шояд њамин гуфтањо Њуснигул Талбаковаро во-

дор карда бошад, ки соли 1966 баъди хат-ми бомуваффаќияти собиќ Университети давлатии Тољикистон ба номи В. И.Ленин (њоло Донишгоњи миллии Тољикистон) фаъолияти мењнатиашро дар ин боргоњи илму маърифат оѓоз намуда, зери роњбарии олимаи шинохтаи тољик, доктори илмњои филология, узви вобастаи АИ ЉТ, профес-сор М.Ќосимова дар мавзўи «Хусусиятњои лексикию фразеологии повести «Маъвои дил»-и Рањим Љалил» рисолаи номзадї дифоъ намуд. Њамчунин, имсол барои му-аллимаи азизи мо – Њуснигул Талбакова соли махсус мебошад. Љашни 70-солагии худашон ва 65-умин солгарди таъсисёбии донишгоњи азизамон ба њамин сол рост омадааст. Мо, шогирдон, устодону њамкорон ва

пайвандону наздикон, муаллимаи ази-зу мењрубонро ба ин ду санаи муборак табрику муборакбод намуда, барояшон саломатї, хонаободї, рўзгори тинљу осуда ва дар корњои илмию эљодиашон муваффаќиятњо орзумандем.

Сирољиддини ЭМОМАЛЇ, дотсенти Донишгоњи миллии

Тољикистон

Сарбаландї гар бихоњї…

Ў аз зумраи занњои њалиму ѓамхор,

шбфлтОд

Љањони мо мунаввар аз китоб астСуњбат бо раиси нашриёти “Адиб”, раиси Ассотсиатсияи ноширони Љумњурии Тољикистон Фарњод Каримов

Ўро Фарњод Каримов ному на-

су“фбабу

дотасушанбо(“тозидабу

Page 10: Omuzgor #50 2013

№ 50, 13 декабри соли 201310 ОМЎЗГОР МЕТОДИКА ЗАБОНОМЎЗЇ

Соли 1978 Вазорати мактабњои олї ва миёнаи махсуси љумњурї таъсис ёфт.

ТАРБИЯ

Солњои охир усулњои коммуникативї ва интерактивии таълими забонњои хориљї, аз љумла забони англисї, мавриди баррасии барномаву дастурњои таълимии мо гарди-дааст. Њар ду усули номбаршуда маќсади ягона доранд: фароњам овардани муњити омўзишие, ки дар он худи шогирдон њар чї бештар гап зананд. Яъне, устод бояд нутќи худро њадалимкон мањдуд намуда, бо машќу бозињои гуногун њамаи шогирдон-ро ба мазмуни дарс љалб намояд ва бештар њамчун назоратчї наќш бозад. Аз ин љо, ду истилоњи методикаи муосири таълими за-бони англисї бармеояд, яке «Лањзаи нутќи устод (ЛНУ) – Teacher talking time (TTT)» ва дигаре «Лањзаи нутќи шогирд (ЛНШ) – Student Talking Time (STT)».Лањзаи нутќи устод (ЛНУ) фосилаи

ваќтест, ки устод дар љараёни дарс њарф ме-занад. Тадќиќотњои методї дар кишварњое, ки забони англисиро њамчун забони дуюм ва ё хориљї меомўзанд, нишон медињанд, ки дар давоми дарс устодон нисбат ба шо-гирдон бештар њарф мезананд. Масалан, дар дарси анаънавии одї бештари ваќт бо саволу љавоб мегузарад, устод мепурсад ва шогирд љавоб медињад. Баъзан агар шогирд љавоби саволро надонад, худи устод дарњол љавоб медињад, яъне 60 – 70 % -и нутќи дарсї ба устод тааллуќ дорад. Устод бояд њарчї камтар гап занад, то ин ки шогирдон бештар

малакаи гуфтори худро сайќал дињанд. Методисти муосири забони англисї Љ.

Оллрайт таъкид кардааст, ки «…дарси за-бони хориљие, ки дар он омўзгор бисёр кор мекунад (њарф мезанад), натиљабахш шуда наметавонад…». Аз як тараф ин аќида ду-руст аст, чунки устод бояд шароит фароњам орад, ки шогирдон бештар гап зананд, то ѓалатњояшон барои ислоњ зоњир гарданд. Аз тарафи дигар, шогирдон устоди забони англисиро њамчун намуна (модел) ќабул мекунанд ва агар устод аз гуфтори равону форамаш худдорї намояд, пас, шогирдон ба кї таќлид карда забон омўзанд? Ин љо асос савияи дониши шогирдон ба шумор меравад, яъне агар шогирдон навомўз ва ё аз синфњои поёнї бошанд, зарурат ба мањдудияти ЛНУ нест.Дар љараёни дарси забони англисї ЛНУ

чунин зинањои анъанавиро дар бар меги-рад:а) Салому алейк ва њолпурсї (Good

morning my dears. How are you taday?...);б) Калимаву иборањои машќи фонетикї

([w] – week = W-E-E-K, We have wedding on Wednesday this week…)в) Калимаву иборањои луѓати дарсї ба-

рои такрор (week, wedding, Wednesday…)г) Саволњо барои пурсиши вазифаи

хонагї (What was your homework? Who is not ready for the homework? Is he/she right? Where did he/she make mistake?...);ѓ) Баёни мавзўи нав (Ok, our new theme is

“Days of the Week” for today. There are seven days of the week in English: Sunday…);д) Шарњи шарти машќи мустањкамкунї

(Good! Now I want you to list one action you do for each week days. For example: I go to school on Monday…);е) Њавасмандкунї ва дастгирї (Well

done! Good boy/girl. Let’s do together…);ё) Ибораву таркибњо барои идоракунии

синф (Stop talking, please. Be quite! Please go

to the blackboard…);ж) дигар воњидњои нутќ, ки њангоми дарс

ифода мегарданд;Истифодаи усули истинод (elicitation)

њангоми баёни мавзўи нав ва имову ишо-ра (мимика) дар идоракунии синф барои мањдудсозии ЛНУ мусоидат мекунанд. Њангоми имконияти бештар додан ба шогир-дон, онњо худро озод ва мустаќил њис намуда, нисбат ба љавоби дода ё машќи иљрокардаи худ боварї њосил менамоянд ва барои њарф задан бештар љуръат мекунанд. Лањзаи нутќи шогирд (ЛНУ) дар навба-

ти худ фосилаи ваќтест, ки шогирд ё худ хонанда дар љараёни дарс њарф мезанад. Тадќиќотњои методї нишон медињанд, ки агар дар давоми дарс устодон нисбат ба шогирдон бештар њарф зананд, шогирдон масъулиятро њатто нисбат ба љавобдињии саволи устод гум хоњанд кард. Дар баро-бари ин, имконияти сайќалдињии нутќи шифоњї барбод хоњад рафт. Ба аќидаи ме-тодисти муосири забони англисї Љ.Њамер «… набояд фаромўш кард, ки шогирдон муњтољи ташакулли нутќи шифоњиянд, на устодон. Аз ин рў, устоди ѓамхор њамеша дар фикри мањдудкунии нутќи худ аст…»Дар љараёни дарси анъанавии забони

англисї ЛНШ дар чунин зинањо зоњир ме-гардад:а) Салому алейк ва њолпурсї (Good

morning dear teacher. We are fine and you? …);б) Такрори калимаву иборањои машќи

фонетикї ([w] – week = W-E-E-K, We have wedding this week on Wednesday…)в) Такрори калимаву иборањои дарсї

(week, wedding, Wednesday…)г) Љавобдињии вазифаи хонагї (Our

homework was… May I retell the text?...);ѓ) Пурсиши нофањмоињо (What is

“wedding” in Tajik/Russian? How should we do this exercise? May I read my example?…);

д) Гуфтори рўзмарраи синф (Excuse me, I am sorry I am late… May I go out for a moment? Please don’t make noise, I am reading the text …);е) дигар воњидњои нутќ, ки дар дарс ифо-

да мегарданд;Бояд ќайд кард, ки дар дарсњои анъана-

вии забони англисї ба шогирдон танњо 30-40 %-и дарс имконияти гуфтор дода меша-ваду халос. Аз ин љо, монеъањои омўзишї, аз љумла талаффузи нодуруст, љумлабандии нодуруст, шарму њарос њангоми љавобдињї, шубњанокии фикри баёнкарда ва ѓайрањо бармеояд, ки боиси ба омўзгор мутамар-казонидани дарс (teacher - centered lesson) хоњанд шуд. Дарси «ба шогирд мутамар-казонида» (student - centrered lesson) дар-сест, ки барои фаъолнокии шогирд, алал-хусус, барои васеъгардонии ЛНШ шароит фароњам меорад. Мањдудияти ЛНШ овар-да ба дилгиркунандагии дарс ва шавќунии зиёдатї њангоми дарс мерасонад. Ташки-ли машќу бозињои љуфтї, гурўњї ва њатто наќшбозии устод аз тарафи шогирдон роњњои њавасмандкунию љалбкунии шо-гирдон ба дарс ва албатта, яке аз усулњои васеъгардонии ЛНШ ба шумор мераванд.Барои тањќиќи ЛНУ ва ё ЛНШ аввал

дарси гузаронидаро ба навор мегиранд ва баъд онро тамошо карда, суханронии омўзгор ва шогирдро бо даќиќаву сония чен мекунанд. Имрўз, ки базаи моддиву тех-никии муассисањои таълимї рў ба бењбудї меорад ва аз њар як омўзгор истифодаи роњу усулњои муосири таълим, аз љумла методњои коммуникативї, интерактивї ва дарси «ба шогирд мутамарказонида» та-лаб карда мешавад, мањдудкунии ЛНУ ва васеъгардонидани ЛНШ набояд сарфи на-зари устоди эљодкор бошад.

Мирљумъа ЌУЗИЕВ, омўзгори забони англисии

мактаби байналмилалии Президентї

Нутќи устоду шогирд дар дарси забони англисї

Умуман, мо як маълумо-ти пурра нисбат ба њар як тарбиятгиранда дошта бо-шем. Тарбияи бача бисёртар ба оила вобастагї дорад. Имрўз оилањое њастанд, ки зану шавњар бо якдигар му-носибати хуб надоранд, ё ин ки онњо аз њам људо шудаанд. Ба фарзандонашон муноси-бати дуруст карда наметаво-нанд. Дар ин њолат тарбияи фарзанд таѓйир меёбад.Барои њамин бачањо санг-

дил, дарундор мешаванд, ки ин ба тарбияи онњо бе таъсир намемонад. Ба мактаби мах-сус писареро оварданд. Аз чењраи писар њис карда ме-шуд, ки аз зиндагї розї нест, ба модараш муносибати хуб надорад. Ваќте ки аз наздик бо писар суњбат кардем, аз модараш шикоят кард, ки дар хонаи мо бо модарам занњои ношинос зиндагї ме-кунанд. Онњо ба корњои но-шоям банд њастанд. Аз ин рў, писар намехоњад бо модараш бошад. Аз њамин сабаб, тар-бия дар оила вайрон шуда, писар маљбур шудааст, ки аз хона баромада, ба корњои ношоиста даст занад.

Тарбия дар мактаб аз омўзгор ва мураббияњо низ вобастагии калон дорад. Муносибат, рафтор, сухан-ронии омўзгор ва мураббї метавонад бачаро тарбияи хуб ё бад дињад. Пеш аз њама, омўзгор бояд равоншино-си хуб бошад, касби худ ва вазифаашро наѓз донад. Аз рўйи таљрибаи бисёрсола маълум гардид, ки тарбияи духтарон нисбат ба писарон душвортар аст. Бо духтарон кор кардан муносибату раф-тори дигарро талаб меку-над. Дар тарбия бо духтарон эњтиёткор шудан лозим аст. Ваќте ки духтарон ба роњи бад мераванд, онњо ба та-моми рафторњои бад ќодир њастанд, метавонанд одамро туњмат кунанд, беобрў на-моянд.Солњои пеш дар мактаби

махсус як низоми сахт буд. Омўзгорон, кормандони мактаб нисбат ба тарбият-гирандагон муносибати хуб надоштанд. Бештари кор-мандон маълумоти олии педагогї надошта, бо тар-биягирандагон чї тавр му-носибат кардан ва кор бур-

данро намедонистанд. Аз ин љињат, тарбиятгирандагон мушкилоти зиёд доштанд. Њамин хел шахсияте набуд, ки ба дарди онњо расад, дар-ди онњоро дарк карда таво-над. Барои њамин маљбур мешуданд, ки аз мактаб фи-рор кунанд. Фирор кардани тарбиятгирандагон ин кори њаррўзаи онњо буд. Ростї, ин душвор буд. Лозим дони-стем, ки чунин ќолаби кор-бариро шиканем ва методу усулњоеро бояд кор кунем, ки барои пешравии кор ва таълиму тарбияи тарбиятги-рандагон бењтару хубтар ва судмандтар бошад.Маъмурияти мактаби

махсус бо омўзгорон роњу усулњои дигари тарбияро кор карда баромад. Ба тар-биятгирандагон шароитњо муњайё карда, ба онњо мустаќилият дод ва муно-сибат ба онњо дигар шуд. Аз шароити хуб истифода бурда, солњои аввал аз мак-таб гурехтан зиёд шуд. Дар солњои баъдї оњиста-оњиста ин њолат кам шудан гирифт. Таваљљуњ карданд ба хон-дан, кўшиш мекарданд, ки рафторашонро хуб кунанд, ба хондану аз ёд кардани шеър даст заданд. Барои баланд бардоштани маф-кура ва љањонбинии онњо њар сол ба љойњои таърихии шањру ноњияњо аз љониби мудирияти мактаб барои саёњат бурда мешаванд. Чунин саёњатњо низ метаво-над, тарбияи кўдакро дигар

кунад. Мењри ўро нисбат ба диёр, Ватану ватандорї, хештаншиносї зиёд намо-яд. Аз гуфтањои тарбиятги-рандагон бармеояд, ки яке аз камбудињои кори тар-бияи мактабњо аз он иборат аст, ки омўзгор ба хонанда аз њад зиёд амру фармон медињад, талаб мекунад. Њамаи ин ба асаби хонанда ва падару модарон таъсири бад мерасонад. Баъзе па-дару модарон аз талабњои бемаънии баъзе роњбарон ва омўзгорони мактабњо монда шудаанд. Бо њамин сабаб, байни хонанда ва волидайн нофањмињо пай-до мешаванд ва хонанда маљбур мешавад, ба ягон кори ношоиста даст занад, ё ин ки мактабро партофта равад.Мафњуми «тарбия»

нињоят васеъ буда, баъзан ќонунњои нонавишта дорад. Аз он даврае, ки осори хаттї пайдо гардид, дар бораи љанбањои гуногуни тарбия ишораю гуфторњои фаро-вонеро метавон пайдо кард ва он бо мафњуми «одоб» њамрадиф аст. Бузургони су-хан онро «тољи нури илоњї», «маљмўаи њусну љамол», «ка-моли одамї» донистаанд. Њар падару модар ва тарби-ятгар бояд ин маъниро дар насли наврас тањлил карда тавонад.

Н.БОБОЕВ,директори мактаби

махcуси љумњуриявї барои бачањои душвортарбия

Фаъолияти њамагонї мебояд

Умуман, мо як маълумо- Тарбия дар мактаб аз

дљмЊкднмртњи

МУАРРИФЇ

Шоири шинохта, мудири бахши адабиё-ти кўдакону наврасони Иттифоќи нависан-дагони Тољикистон, дорандаи Љоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї Љўра Њошимї атро-фи фаъолияти эљодї, њусну ќубњи ашъори шоир сухан гуфт. Сар-дори раёсати фарњанги Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон Абдулмаљид Боймуродов ќайд намуд, ки Ва-зорати фарњанг дар њамкорї бо Вазорати мао-риф ва илми Тољикистон бањри тарѓиби китоб њамкории пайваста дорад. Аз љумла, тавассути нашриёти «Маориф ва фарњанг» - и Вазорати маориф ва илм дар чопи китобњои дарсї ва бадеї барои наврасону љавонон сањми шои-ста дорад. Адибон Назокати Олим, Маљид Салим, Салоњиддини Садриддин, Рањим Ами-ни Ќубодиёнї, Бурњон Салмон, Ќиёмиддин Сатторї андешањои худро аз хусуси шеъри М. Собир ва махсусан, китобњои тозанаш-ри ў баён намуданд. Шогирдони мактабњои раќамњои 15 ва 55- и шањри Душанбе аз эљодиёти М. Собир шеърњо ќироат карданд.

Њотами ЊОМИД, «Омўзгор»

Рўнамоии дукитоби як адиб

Page 11: Omuzgor #50 2013

№ 50, 13 декабри соли 2013 11ОМЎЗГОР ФИЗИКА

Соли 1984 дар мактаби тањсилоти умумї низоми нав љорї гардид (ибтидої-1-4, нопурра-5-9, миёна-10-11).

Бачањо ба омўзиши фанни фи-зика шавќи калон доранд.Ин шавќу њаваси онњоро мун-

тазам инкишоф додан зарур аст.Физика яке аз фанњои

муњимтарин оид ба табиат, мате-рия ва њаракати он мебошад. Ин фан тањкурсии техникаи њозира буда, бо ихтироъњои худ барои тараќќии минбаъдаи техника ма-дад мерасонад. Дар мактаб тавас-сути корњои лабораторї талаба-гон ќонунњои физикавиро аз худ мекунанд, маънои ин ќонунњоро мефањманд, донишњояшонро ба воситаи таљриба мустањкам на-муда, малакањои зарурї пайдо мекунанд.Якчанд мисол меорем, ки

онњо барои гузаронидани корњои лабораторї то чї андоза зарур мебошанд.Масалан, ќонуни Омро дар

синфњои VIII ва XI меомўзанд. Агар талабагон дар таљриба во-бастагии байни бузургињои асо-сии электрикиро (ќувваи љараён, муќовимати занљир, шиддати нўгњои занљир) муќаррар карда натавонанд, он гоњ гумон аст, ки онњо ин ќонунро аз худ карда та-вонанд.Ё худ, талабагон ченкуниро

бо штангенсиркул ва микрометр бояд мустаќилона бояд иљро ку-нанд ва барои техникаи ченкуни-ро наѓз аз худ кардан онро якчанд маротиба такрор намоянд, хеле наѓз мешавад, агар машѓулиятњои лабораторї мунтазам гузаронида шаванд. Њангоми гузаронидани њар

як таљриба талабагон бояд, пеш аз њама маќсади онро фањманд, ки дар таљрибаи мазкур чиро мушоњида бояд намояд.Талабагон барои ба

мувафаќќият гузаронида-ни корњои лабораторї бояд бо сохти асбоб, бо ќоидањои санљидани онњо ва бо гирифтани нишондињандањои онњо шинос бошанд.Дар ваќти чен кардани

бузургињои физикавї ба талаба-гон фањмонидан зарур аст, ки та-моми натиљањои ченкунї таќрибї мебошанд. Баробари ин, онњо бояд њангоми ченкунињо хатоњои абсолютї ва нисбиро њисоб карда тавонанд.Корњои лабораторї ва корњои

амалии физикаро бо корњои ама-лии электротехника (дар синфи Х) алоќаманд гузаронидан зарур аст.Масалан: Приёмникњои

детекторї ва лампавиро дар дарсњои физика меомўзанд, вале корњои амалиро аз ин мавзўъ во-баста бо корњои амалї аз электро-техника ва дигарњо мегузаронанд. Чунин алоќамандї, чи тавре ки њаёт нишон медињад, натиљаи хуб дод. Аз дарсњои гузашта мисол меорем. Масалан: 1) Муайян кардани коэффит-

сиенти таъсири фоиданоки меха-низм.

2) Муайян кардани кашиши сатњии моеъ.

3) Санљиши Ќонуни Бойл-Мариотти.

4) Санљиши муодилаи њолати газ.Њамаи ин корњоро дар охири

сол (хусусан, дар чоряки чорум) њангоми такрор намудани мате-риали соли хониш гузаронидан

зарур аст.Дар тањти назорати ман њамаи

талабагон ду нафарї шуда, дар њуљраи (кабинети) лабораторї машѓулият мегузаронанд.Ман ба талабагон расмњои

схематикї, наќшањоро нишон дода, ба онњо супоришњои гуно-гун низ медињам.Талабагони синфи XI њангоми

гузаронидани машѓулияти лабораторї натиљањои машѓулиятро ба дафтарњояшон навишта мегиранд ва аз рўи он дар охири кор њисоботи хаттї ме-нависанд. Дар њисоботи талаба-гон расмњои схематикии асбобњо ва наќшањо, натиљањои ченкунї ва тамоми њисобкунињоро дидан мумкин аст.Аксарияти муаллимони физика

аз сабаби дар кабинети физика на-будани таљњизоти мувофиќ, яъне асбобњои даркорї, корњои лабо-раториро намегузаронанд.Вале бояд кўшиш намоянд, ки

бо ќувваи худ ин асбобњоро сохта корро давом дињанд. Ман корњои лабораториро дар

синфњои VII-X аксаран ба таври фронталї мегузаронам. Ин усул, пеш аз њама, им-

кон медињад, ки машѓулиятњои лабораторї бо курси физикаи омўхташаванда алоќаманд намо-ем.Талабагон дар ваќти гуза-

ронидани корњои лаборатории фронталї мањорат ва малакањои дуруст истифода бурдани асбобњои оддитаринро (ченкунан-да, зарфњои химиявї, манбаъњои гармї, термометрњо) ва дигар асбобњои одиро, ки дар њаёт ва техника ба таври васеъ истифода бурда мешаванд, пайдо мекунанд.Барои гузаронидани корњои

лаборатории фронталї танњо асбобњои оддии таълимиро инти-хоб мекунанд. Вале малакањои амалие, ки дар љараёни бо ин асбобњо кор кардан њосил карда мешаванд, малакањои ибтидої-элементарї њисоб меёбанд.Корњои лабораторї дар

синфњои VII-VIII хеле оддї мебо-шанд. Барои он ки дар ваќти иљро намудани корњои лабораторї душворињо пеш наоянд, ман асбобњои физикавиро дар як ќуттї љой додам, ки ба он инњо дохил мешаванд: манбаи љараён, лам-почка, занги электрикї, моторча, тугмача ва сими пайвасткунанда.Бо ёрии ин асбобњо тамоми

корњои синфи VIII-ро, ки дар барнома оварда шудааст ва њатто баъзе корњои синфи XI-ро низ иљро кардан мумкин аст.Дар лањзаи иљрои амал му-

аллим мунтазам ба рафти кори њар як гурўњи талабагон назорат мекунад, агар лозим шавад, ба онњо (ба саволњои ёридињанда) ёрї мерасонад ва ба талабаго-ни суст диќќати махсус медињад. Дар охири кор њамаи хулосањо ва натиљањои њосилшударо ањлона муњокима мекунанд.Њар як муаллими физика бояд,

кўшиш кунад, ки талабагон бо асбобњои ченкунанда мустаќилона кор карда, мањорат ва малакањои амалї њосил кунанд. Дастгоњњои мураккабро васл карда, бо онњо мустаќилона таљрибањо гузаро-нида тавонанд ва аз адабиёти мувофиќ истифода баранд.Вазифаи асосии муаллими фи-

зика ин аст, ки корњои лаборато-риро пурра гузаронанд. Агар бо ягон сабаб иљро кардани кори лабораторї мумкин нашавад, он гоњ як ќисми корро барои иљро кардан дар хона супоридан мум-кин аст. Талабагон онро мета-

вонанд бо асбобњои рўзѓор иљро кунанд.Ман дар таљрибаи худ боварї

њосил кардам, ки корњои ла-боратории дар хона иљрошуда

натиљањои хуб медињанд.Масалан, талабагони синфњои

VIII-XI дар хонаашон корњои зе-ринро иљро карданд:

1. Омўхтани ќонунњои лаппи-ши раќќосаки математикї.

2. Мушоњидаи селњои конве-ксионї.

3. Амали манбаи љараён...

Дар бисёр мактабњои ноњияамон ва дигар ноњияњо мушоњида кардам, ки муаллимо-ни љавони физика барои тартиб

додани наќшаи кории лаборато-рияи физика ва наќшаи мањфил и физика душворї мекашанд.Бинобар ин, як намунаи

наќшаи кории лабораторияи фи-зика ва наќшаи мањфили физика-ро пешкаши муаллимони љавон менамоям.

Юсуф АМИНОВ, омўзгори физикаи

мактаби раќами 10-и шањри Вањдат

Илмат ба амал чу ёр гардад…ТАЉРИБА

2.НАЌШАИ КОРИИ КРУЖОКИ ФИЗИКАРоњбари мањфил Юсуф АминовМањфили физика хонандагони синфњои VII-XI-ро дар бар мегирад. Машѓулиятњо барои онњо мувофиќи

синну сол ва сатњи донишашон муайян карда мешаванд. I. Ќисми якум. Хонандагони синфњои болої мутолиа ва чуќуртар омўхтани баъзе бобњои физика ва бо

навиштани маърўзањо машѓул мебошанд.II. Ќисми дуюм. Хонандагони синфњои поёнї бо сохтани баъзе асбобњои айёнї машѓул мебошанд.

Натиљаи корњои онњо њар моњ санљида мешавад.

2.Н

1.Наќшаи кории лабораторияи физика

Page 12: Omuzgor #50 2013

№ 50, 13 декабри соли 201312 ОМЎЗГОР НИГАРОНЇ

Аз соли 1984 њар сол 1 сентябр «Рўзи дониш» эълон карда шуд.

Барои соли 2013 ба-рои маблаѓгузории соњаи маорифи Ќазоќистон 36,4 млрд тенге (5,615 млрд доллари амрикої) људо карда шудааст. Дар ин бора сомонаи иттилоотии ca-news.org хабар медињад. Дар чањорчўбаи барномаи «Балапан», ки аз љониби президенти Ќазоќистон роњандозї шудааст, дар се соли ахир теъдоди тифла-коне, ки ба кўдакистонњо фаро гирифта шудаанд, ба андозаи назаррас яъне, аз 52% то 89 % (аз 14205 ба 22154 кўдак) афзуда-аст. Теъдоди муассиањои тањсилоти томактабї аз 354 то 581 (61%) зиёд шу-

дааст ва 8699 љойи нав ба-рои таълимгирандагони ин навъ муассисањо боз шудаанд. Ин тарзи кор зиёдшавии теъдоди тарби-ятгирандагонро то ба 37% расондааст. Дар сомонаи фавќуззикр, инчунин, ома-дааст, ки дар Ќазоќистон 7 њазор кўдакистон кушода шуда, 2 бинои азхудшуда ба муассисњои томактабї баргардонда, 5 бино бозсозї шудааст. Имсол дар назар аст, ки боз 5 му-ассисаи томактабї созмон дода шавад. Пешбинї шу-дааст, ки то соли 2015-ум 100 дарсади кўдакони син-ни 3 то 6 ба таълиму тар-бия фаро гирифта шаванд.

36,4 млрд. тенге барои соњаи маориф

МУШКИЛОТ

Мактаби ибтидоии Паси Муњрањо, ки иборат аз як вагон-чаи худсохт аст, њамагї 27 хонанда дорад. Њамроњи мудири шуъбаи маорифи шањри Роѓун Табаралї Раљабов ягона синфхонаи мактаби ибтидоии раќами 15-ро дар дењаи Паси Муњрањо дидем. Муалли-ма Гулъузор Њакимова дар басти дуюм бо шогирдони синфњои 2 ва 4 машѓулият мегузаронд. Мактаб,ки дар пањлўи шањр воќеъ аст, бо барќи доимї таъмин аст ва синфхонањо гарм ва барои машѓулият гузарони-дан мусоид мебошанд.

-Ањолии дењаи Паси Муњрањо бояд кўчонда шаванд. Ба ањолии ин дења њам кайњо маќомоти иљроияи њокимияти мањаллии давлатии шањр аз хонањои баландошёнаи шањр ва аз Майдони болову дењаи Печакзор хонаву замин њам додаанд, -шарњ дод мудири шуъбаи маориф. Ин дењаро асосан Дирексияи сохтмони муассисањои зериобмонии НБО-и Роѓун, ки њоло сохтмони мактаби раќами 2-ро ба уњда дорад, мебоист соли 1982 мекўчонд.

-Ин љо њам, вазъияти дењаи Се-

санга, ки дар боло тафсилоташро овардем, такрор шудааст.Хона гирифтаанд, замин гирифтаанд, боз мардумонашон «ѓами чорво» мехўранд. Бинобар ин, ба њељ ваљњ дар дењаи Паси Муњрањо сохтмони мактабро ба наќша гирифтану бу-

нёд намудан зарурат надорад. Мак-таби калони раќами 2-ро барои 1276 нафар хонанда сохта истодаем ва дар соли тањсили 2014-2015 хонан-дагони мактаби ибтидоии раќами 15-и дењаи Паси Муњрањоро ба ин мактаб сафарбар карданием, илова намуд раиси шањри Роѓун Шариф-бой Шарифов. Як ќисмати бинои таълимии мактаби мазкур то моњи сентябри соли 2014 бояд ба истифо-да дода шавад. Ба ин маќсад маблаѓ

људо шудааст ва рафти сохтмонаш дар ављ аст.Хулоса, ба рафти сохтмони мак-

таби раќами 2 дар њамроњї бо му-дири шуъбаи маориф пешакї ши-нос шуда будем.Њамин тавр, он чї ки ањолии дењањои Сесанга ва

Паси Муњрањо аз набудани мактаби замонавї гиламанданд, асоси воќеї надорад. Њар дуи ин дења њам, дар мавзеи хатарнок мавќеият доранд ва дењаи Паси Муњрањо бароба-ри хатарзо буданаш, дар мобайни мошинолоти (промбазаи) НБО-и Роѓун мондааст.Зарур будани бунё-ди НБО-и Роѓун ба њамаамон маъ-лум аст.

С.ИСКАНДАРОВ,«Омўзгор»

Боздиди мо њамроњи директо-ри мактаби раќами 3 Анвар Алиев, љонишини мудири шуъбаи маорифи шањри Роѓун Саъдулло Њабибуллоев аз мактаби раќами 11-и дењаи Сесанга оѓоз шуд. Мактаби мазкур 60 нафар хонанда дорад ва онњо дар ду вагонхо-на ба таври комплектї дарс мехонанд. Бо вуљуди сардии њаво печи синфхо-нае, ки муаллим Давлатёр Исоев дар он дарс мегузашт, гармї надошт. Дар синфхонаи дуюми ин мактаб хонан-дагони нисбатан хурдсол дарс мехон-данд. Маълум буд, ки дар бухории он синфхона њафтаву моњњо оташ на-гиронда буданд. Дар пањлўи вагон-синфхона бошад, захираи ангишт њам буду њезум њам. Моњияти сар-факории муаллим Исоевро ба ростї нафањмидам. Давомоти хонандагони хуб буд. Омўзгорони ботаљриба ба-рои саводнок кардани шогирдон њама кўшишро доранд, инро аз њусни хату тозагии воситањои таълими хонанда-гон мушоњида кардан мумкин буд.Зимни суњбат маълумамон шуд,

ки мактаби ибтидоии дењаи Сесанга филиали мактаби тањсилоти миёнаи умумии раќами 3-и маркази шањраки Обигарм буда, хонандагони синфњои 5-11-и ин дења тањсилро баъди мак-таби ибтидої дар он љо идома ме-додаанд. Ањолии ин дења, бо вуљуди огоњии сарварони ќаблию имрўзии

маќомоти иљроияи њокимияти дав-латии шањри Роѓун дар мавриди лаѓжиши замини Сесанга манзили зи-сти худро тарк накардаанд. Маќомот бинобар хатари кўчиши замини дења на мактаб сохтанианд ва на роњу пайрањањои онро ба тартиб меоранд. Дар дасти мо як нусха аз натиљаи тањќиќи муњандисию геологие њам њаст, ки ба вазъияти дењаи мазкур Экспедитсияи гидрогеологии Љануби

Тољикистон њанўз 17 марти соли 2005 бо хоњиши маќомоти иљроияи шањри Роѓун хулосаашро додааст ва Вазорати њолатњои фавќулодда ва мудофиаи шањрвандии Љумњурии Тољикистон њам, аз шароити он дења огоњанд.

-Вазъи дењаи Сесанга ва хонаву дари 36 оилаи он, инчунин биноњои 56 бўстонсарои ќисмати ѓарбии дењаи Сесанга аз соли 1981 то ба њол зери назорати Экспедитсияи гидро-геологии љанубии геологияи тољик

аст. Ањолии дењаи Сесанга ќаблан аз маркази шањраки Обигарм ва дењоти гирду атроф бо манзили зист таъмин шуда буданд, вале онњо аз Сесанга рафтанї нестанд ва бо ин сабаб дар ин самт мушкилот эљод шудааст. Бояд мардум тибќи ташхиси њайати санљишї хона насозанд, чунки хоку гили ин мањал барои сохтмони хонањои истиќоматї хатарнок аст, - гуфт дар суњбат бо мо раиси шањри

Роѓун Шарифбой Шарифов. -Агар мањал барои зиндагии ањолї хатар дошта бошад, пас мо чаро дидаву до-ниста мактаб созем? Чанде пеш, мо, њамин масъаларо дар маљлиси ањли дењаи Сесанга љиддї муњокима њам кардем. Њанўз соли 2005 геологњо аз мањалли хатарзои Сесанга кўчонидани 17 оиларо љиддї талаб карда буданд. Санад њаст, агар мо дидаву дониста муќобили он санад амал намоем,пас он маънои хилофи ќонун амал карда-ни моро нишон медињад.

Сесанга: мушкилот рафъ мегардад?

Дењаи Паси Муњрањо

Боздиди мо њамроњи директо-

Чанде пеш дар Мексика ислоњоти соњаи маориф бо иќдоми президенти кишвари мазкур Энрике Пена Нето ба роњ монда шудааст, ки ба бењсозии ањволи нодор-тарин ќишри љомеа дар низоми таълим нигаронида шудааст. Дар ин бора сомонаи terraoko.com иттилоъ медињанд. То њол мушкили ин кишвар аз он иборат аст, ки ак-

сарият аз тањсил дур мондаву комилан савод надоранд. Дар макотиби манотиќи дурдасти кишвар на таљњизоти таълимї ва на обу ќувваи барќ муњайё нест. Роњ ба сўйи мактаб ба андозае хароб аст, ки ба манзил расидан кори басе зањматталаб аст. Яке аз вазифањои ислоњот муайян кардани шумораи мактабњо, муаллимон ва толибилмо-ни кишвар будааст. Устодон барои соњиби љойи кор шу-дан њатман бояд аз санљиши тестї гузаранд. Президент Пена Нето гуфтааст: «Ояндаи Мексика аз

ислоњоти соњаи маориф љиддан вобаста аст, зеро баъзе мактабњои кишварамон оддитарин шароити таълимро надоранд». Аксари муассисањои таълимии рустоњои кишвари

фавќуззикр, аз љумла Коста дар иёлати Оахака, бо мадади молии худи волидони мактаббачањо сохта шудаанд. Дар баъзе минтаќањои давлат кўдакони синни гуногун ба таври комплексї таълим меби-нанд. Аксари тифлакон то мактаб чандин кило-метр роњро тай мекунанд. Бештари муассисањои тадњсилотї пурра бо мадади ташкилоти хайриявии хориљї фаъолият мекунанд. Њатто, он мактабњое, ки гўё барќ ба он љойњо интиќол дода шудааст, тез-тез аз набудани њамон барќ азият мекашанд. Њамагї 50 дарсади кўдакони то синни 15 пурра аз тањсилоти томактабї бархўрдоранд. Президент Пена Нето мехоњад, ки бо ислоњоти соњаи

маориф дар макотиби Мексика адами барќ набошад ва синфхонањо дастрасї ба шабакаи љањонии интернет до-шта бошанд.

Тањияи Ситорабону НАЗАРОВА, «Омўзгор»

Мактабњои нодори Мексика

Page 13: Omuzgor #50 2013

№ 50, 13 декабри соли 2013 13ОМЎЗГОР ТАЊСИЛОТИ КАСБЇ

Аз соли тањсили 1986-1987 ќабули хонандагон аз 6-солагї муќаррар гардид.

ИБРАТ Маорифи ШарќМаорифи Шарќ

Аз 166 лоињае, ки даво-ми зиёда аз як моњ ба бар-номаи давлатии «Даст-гирии ташаббусњои љамъиятї»-и аз тара-фи Вазорати маорифи Љумњурии Озарбойљон эълоншуда пешнињод гардидааст, 32-тояш ба ташаббусњои илмї-тањќиќотї оид аст. Ин баёнгари он аст, ки ба масъалаи илму тањќиќот ва навоварї таваљљўњ бештар шудааст. Вази-ри маориф М.Љабборов зимни суханрониаш дар Шўрои маориф аз он изњори таассуф кард, ки дар љумњурї муњлати соли тањсил кам аст. Дар ин љо њафтаи тањсил 32 њафта давом мекунад, дар њоле, ки аз рўи нишондодњои мамлакатњои рушдёфта тањсил бояд 38 њафта идо-ма кунад. Дар мамлакат њарчанд сохторњои илму маориф мустаќилона фаъолият мекунанд, алоќаашон наздик аст. Яке аз њадафњои асосии ислоњоти маориф дар соњаи тањсилоти олї ба-робари тайёр кардани кадрњои баландихти-сос мустањкам кардани нерўи илмию техникии мамлакат мебошад. Дастовардњои илмию техникї аз фаъолияти 20 мактаби олї воба-стагии комил дорад. Корњои илмї-тањќиќотї дар кафедрањо ва институтњои тањќиќотии донишгоњњо хуб ба роњ монда шудаанд. Дар мактабњои олии мамлакат 3 институ-ти илмї-тањќиќотї, 5 маркази илмї ва 90 озмоишгоњ фаъоли-ят доранд, харољоти онњоро давлат ба зимма гирифтааст. Таъмино-ти иттилоотии онњо аз тарафи китобхонањои электронї ва марказњои иттилоотї анљом меё-банд. Донишгоњњои бо-нуфуз дорои шуъбањои банаќшагирии фа-ъолияти илмї-техникї, патентї-иљозатномадињї ва марказњои иттилоотї мебошанд. Таъминоти моддї ба ѓайр аз та-рафи давлат тавассу-ти дигар сарчашмањо, чун шартномањои њисоби хољагї, грантњо, фондњо анљом мепа-зиранд. Ваќтњои охир тањќиќотњои хусусияти

амалї дошта љойи асо-сиро ишѓол мекунанд. Дар натиља устодону донишљўёни ихтироъко-ру навовар соли 1998- 12, 2001-35, 2004-51, 2007-69 ва 2008 44 патент ба даст оварданд. Бо вуљуди он ки масъалањои но-равшан оид ба муно-сибати тањќиќот ва истењсолот њоло њам љой доранд, алоќаи байни муассисањои таълимї ва истењсолот торафт на-здик ва манфиатовар шудааст.Дар шаш соли охир

шумораи маќолањои дар маљаллањои илмии байналмилалї чоп кар-даи устодони мактабњои олї 2,5 баробар аф-зуд. 31 фоизи тамоми кадрњои илмї ва 50 дарсади докторон ва номзадњои илми мамла-кат дар системаи мао-риф кор мекунанд.Љалби донишљўён

ба кори илмї тавассу-ти љамъиятњои илмї ва маќомоте, ки фаъо-лияти онњоро мутобиќ мегардонад -Шўрои љумњуриявии илмї-тањќиќотї ва корњои эљодии донишљўён, ки дар њар мактаби олї њаст, анљом дода меша-вад. Олимпиадаи фан-нии донишљўён дар ин бобат наќши намоён мебозад. Ба чор фан-ни асосї (математика, физика, химия ва ин-форматика), ки аз онњо дар олимпиада санљиш гирифта мешавад, аз соли 2003 забони озарбойљонї, таърихи мамлакат ва забонњои хориљї (англисї, фаронсавї, олмонї), аз соли 2004 љуѓрофияи Озарбойљон, аз соли 2009 забони русї ило-ва шуданд. Бояд гуфт, ки солњои охир ба кори олимпиадањои донишљўён Кумитаи иттифоќи касабаи кор-мандони маориф низ љалб гардид. Бояд гуфт, ки дар як мактаби олї (Донишгоњи давлатии Боку) докторантура, 18 донишгоњ аспирантура ва дар чор мактаби олї ассистентура-такмили ихтисос ташкил карда шудааст.

Тањияи Мањмадшарифи

РУСТАМ,«Омўзгор»

Тавлиди њунари кошинкорї – фоли нек

Аввалњои моњи октябр директо-ри литсейи касбї-техникии №14-и шањри Истаравшан Нуриддин Тўйчиев мењмони њафтаномаи «Омўзгор» гар-дид ва баъд аз њолу ањволпурсї муж-да расонд, ки устодону шогирдони њунаристони онњо ба тавлиду истењсоли мањсулоти кошинкорї муваффаќона шу-руъ карданд ва ин падидаи фарањбахш на танњо дар шањри Истаравшан, балки вилояти Суѓд мавриди таваљљуњи масъу-лони соњаи маориф ќарор гирифт. Ба иттилои сарвари литсей нахустин ихти-роъ аз љониби устоди таълимии гурўњи кошинкории ин боргоњи њунар Абдулло Љумъабоев бо њамроњии шогирдонаш сурат гирифт.Кошинкорї, яъне чї? Њанўз соли 1989

усто ва омўзгор А.Љумъабоев дар зами-наи омўзиш ва таљрибањои амалї аз пайи кашфи маводи махлути хоме гардид, ки аз он ранги асили ороишии рўи хиштњои манору гунбадњои шањри Самарќанд, мадрасањои Бухоро, маќбарањои Гунба-ди Сабзи Истаравшан, Муњаммад Башо-рои шањри Панљакент ва дигар шањрњои ќадимаи Осиёи Марказї њосил карда шудаанд. Ва омўзгори зањматкашу љўё тўли 30 соли фаъолияти худ асрори ран-ги мазкурро дарёфтаст. Аммо ин њунар танњо бо ранг мањдуд нашуда, љузъиёти нозуку фаровони дигари худро до-рад. Гили махсус бо роњи коркард дар танўрњои кошинпазї гудохта шуда, аз он бо истифода аз наќшу нигор, ки бо санъату мањорати баланду воло тарњрезї мешаванд, кошињо омода ва тайёр ме-гарданд. Тибќи маълумоти сарвари лит-сей алњол дар ихтиёри устодону шогир-дон ду танўри калони кошинпазї ва як бухории барќї ќарор дорад. Аз рўи их-тисоси кошинкорї тањти рањбарии усто А.Љумъабоев 10 нафар таълим гирифта истодаанд. Барои минбаъд, вобаста ба талаботи бозор ва зарурияти фармоиши фармоишгарон мањсулоти кошинкори-ро метавон афзун намуд. Шогирдони литсей метавонанд дар як шабонарўз таќрибан њазор адад кошинњои хушси-фатро истењсол кунанд. Зимни сафари худ ба шањри Истаравшан, њангоми маросими ифтитоњи наќби Шањристон Президенти кишвар Эмомалї Рањмон аз пешравию рушди соњаи маориф, хусусан, дастоварду комёбињои лит-сейи номбурда хушњол гардида, бо намунањои њунари кошинкории шо-гирдони ин муассисаи таълимї шинос шуда, ба рањбарияти шањр супориш дод, ки бањри сохтани санљишгоњи хиштњои ороишии кошинкорї шароити лозими-ро муњайё созанд. Њамчунин сарвари давлат хоњишу дархости њайати устодо-ну омўзгорони литсейро дар хусуси боз намудани коргоњи истењсоли кошин ва ихтисоси кошинкорї дастгирї намуда, бањри роњандозии ин ташаббусу иќдоми мудирияти њунаристони мазкур масъу-лони маќомоти иљроияи њокимияти дав-латии вилояти Суѓдро вазифадор кард, ки маъмурияти њунаристонро дастгирии њамаљониба намоянд. Ва хушбахто-на, иќдому ибтикори устодону шогир-дон дастгирї ёфт ва истењсоли маводи кошинкорї ба таври васеъ ба роњ монда шуд.

Таърихча (андар баёни марњалањои рушди литсей)

Литсейи касбї-техникии №14-и шањри Истаравшан соли 1948 ташкил ёфтааст. То соли 1955 мактаби аграрии 3-сола, аз соли 1955 то соли 1960 омўзишгоњи механизатсияи хољагии ќишлоќ ва аз 6 январи соли 1960 омўзишгоњи касбї-техникии №14 мебошад. Соли 1994 ба омўзишгоњ номи сарвар ва муассиси он Тољї Љумъаев дода шуд. Дар давоми фа-

ъолияти зиёда аз 60-солаи мављудияташ литсей зиёда аз 23 њазор коргарљавонон ва њунармандонро тарбия намуда, кас-бу њунар омўзонида ба шоњроњи њаёт ва иќтисодиёт баровардааст, ки онњо дар тараќќиёти хољагии халќи љумњурию вилоят сањми босазо мегузоранд. Литсей бо воситањои зарурии таълимї, заминаи моддї-техникї, устохонаю дастгоњњои истењсолї таъмин аст. Дар литсей 405 нафар њунаромўз аз рўи

15 ихтисос ба тањсил фаро гирифта шуда-анд, ки инњо кафшергари барќї ва газї, сантехник, бофанда, андовачї-гилкор, рассом-ороишгар, ронанда, муњосиб бо донишњои компютерї, системаи компютерї ва интернет-технолог, дўзанда, фермер-соњибкор, кошинкорї, дуредгар, гаљкор-ороишгар, канда-кории чўб ва дуредгарї, устоди асбобњои барќї, барќчї ба шумор мераванд. Дар тадрис ва омўзиши љузъиёту нозукињои њунару ихтисосњои мардумї омўзгорону устодон Ќурбон Мазбутов, Неъмат Ањроров, Насиба Искандарова, Рустам Почоев, Абдулло Љумъабоев ва дигарон нерую ѓайрати зиёд нишон медињанд.Тањти рањбарии муаллима Наси-

ба Искандарова духтарон аз гурўњи дўзандагї гулдўзї ва офаридани наќшњои ќадимиро дар либосњои гу-ногун хеле моњирона анљом медињанд. Сўзаниву наќшњои ќадимиро њамчун на-муна истифода бурда, он њама наќшњову гулдўзињоро шогирдон дар намудњои гуногуни куртаву пироњанњои муосиру љадиди занона дўхта, анъанаи ниёгон-ро барќарор ва эњё менамоянд. Барои тарњрезї ва наќшдўзињо дар пироњан ва рўймолу сачоќњо аз рангњои махсусе корбурд мешаванд, ки бо љилову тоби-ши чашмгири худ ба маводи тайёршуда њусни дигаре ато мекунанд.Тавсиаю густариши њунари

кандакорї низ дар литсей самара-бахш ба роњ монда шудааст. Устои њунарманду варзида Ќурбон Мазбу-тов бо 15 нафар шогирди чирадасти хеш дар кандани наќшу нигор дар су-туни айвонњо ва дару тирезањо саъйи беандоза ва мањорати бузурге нишон медињанд. Ба маврид аст, зикр намоем, ки соли 2011 дар озмуни љумњуриявии кандакор иштирок намуда, усто Ќ.Мазбутов соњиби маќоми аввал ва мукофотњои хотиравї гардид.Санъати наќќошї дар литсей маќоми

арзандаеро доро мебошад. Омўзгор, наќќоши асил Неъмат Ањроров, ки

собиќаи 30-солаи корї дорад, устоди ин пешаи зањматталаб мањсуб меёбад. Дар ташвиќу тарѓиб ва муарри-

фии њунарњои бадеии мардумї, осор-хонаи литсей наќши муњим мебо-зад. Бо ташаббусу иќдоми муаллима Фароѓат Њайдарова дар осорхона машѓулиятњои пурмуњтавои тарбиявї гузаронида мешаванд. Хонандагони литсей аз офаридањои мардумї маводи бешуморе љамъ овардаанд.

Туро пурсанд, ки амалат чист?Мудирияти литсейи касбї-техникї

бањри дар амал татбиќ намудани донишњои назариявии толибилмону

њунаромўзон бо ширкату фирмањо ва корхонањои тавлидотї робитањои мустањками корї до-рад. Аз љумла, оид ба омўзиши касбї бо ЉС «Файз»-и фабрикаи нассољї, ЉС «Дилшод», ЉС «Дўстї», ЉШ «Кова», ЉС «Ноњид», ЉС муасси-саи наќлиётии №35, ЉС «Шараф», корхонаи таъ-мири ёдгорињои таърихї,

шуѓли ањолии шањри Истаравшан, телевизиони «Афшин» ва дигар корхо-наю ташкилотњо алоќањои таълимию истењсолї дорад.

- Наќшањои зиёде дорем мо, - меафзо-яд Н.Тўйчиев. Гўшаи фурўши маснуоти истењсолкардаи шогирдон созмон дода шудааст, ки њам мавриди тамошо гар-дидаасту њам харидории муштариён аз ин њама молу коло. Њуљрањои махсуси истењсоли маснуоти дуредгарї, кордсозї ва кандакорї ташкил карда хоњанд шуд. Сохтани олоти кишоварзї, бухорињои барќї аз љониби кафшергарон низ ба раванди љадиде мубаддал гардидааст. Аллакай аз љониби чандин корхона-ву ташкилотњо дар мавриди истењсоли кошинњои миллии тољикї фармоишњо гирифтаем ва умед дорем, ки дар оянда низ талабгорони мањсулоти кошинкорї натанњо дар љумњурї, балки берун аз он низ афзоиш меёбад.

Шодї РАЉАБЗОД, «Омўзгор»

Илмро бо маориф пайванд мекунанд

Њунар – чашмаи зоянда ва пояндаСуханоне чанд дар бораи устодони њунарњои мардумии

литсейи касбї-техникии №14-и шањри Истаравшан

Дар рўи кошини нахустин таљассум ёфтани акси Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї

Рањмон басо рамзист. Атрофи акси Сарвари давлатро нишони ќадимаи ориёњо зеб медињад ва нишони мазкурро тамошобинон дар кошини иморатњои ќадимаи тољикон, яъне, ансамбли ёдгорињои таърихї борњо дидаанд.

Р.S.

Page 14: Omuzgor #50 2013

№ 50, 13 декабри соли 201314 ОМЎЗГОР ГУЛБОЃИ АДАБ

Аз соли тањсили 1986-1987 теъдоди хонандагон дар синфњои 1-9 то 30 нафар, 10-11 то 25 нафар муайян карда шуданд.

ТАЌРИЗ

Имрўз дар арсаи адабиёти тољик шо-иру нависандагони зиёде ба эљодкорї машѓуланд, вале воќеият он аст, ки на њамаи онњоро комёбие љиддї ва эътирофи њамагонї насиб гашта. Аксари эшон асаре шоиста ва писандида рўи кор наовардаанд, сухани тоза гуфта натавонистаанд, мавќее сазовору мондагор дарнаёфтаанд…Оре, воќеан њам, сањлу андак коре нест

дар адабиёти тољик мавќеъ ёфтану номвар гаштан. Сано бодо ба чанд тан аз родмар-дони ќаламкаши муосири тољик, ки дар за-минаи истеъдоду мањораташон ва зањмати пайвастаашон адабиёти тољикро шуњрат меафзоянду њамвора мавќеъ устувор меку-нанд ва коми ташнагони сухани нобро шо-доб менамоянд. Коре мекунанд, асаре мео-фаранд, сухане мегўянд, ки дархури табъи њаводорони каломи бадеъ аст ва хазинаи осори мондагори адабиётро ѓанитар месо-зад. Адиби донишманд ва зањматписанди тољик Мирзо Шукурзода дар радифи њамин гуна ќаламкашон ќарор дорад.Ба фаъолияти пурсамару бавусъати ин

адиби номвар хирадсолорони Тољикистону Эрону Афѓонистон, ин се кишвари њамфарњангу њамдину њамзабон, бањои ба-ланд додаанд, ки аз љумлаи эшон метавон ёд аз устодон Муњаммадљон Шакурию Лоиќ Шералї, Муњаммад Осимию Валї Самад ва Алиасѓари Шеърдўсту Моили Њиравї… кард. Дар бораи устод Лоиќ дар рисолае хонда будам: «Агар Лоиќ ба љуз «Илњом аз «Шоњнома»-ю «Модарнома»-аш дигар њељ асаре намеофарид њам, номи ў дар арсаи адабиёт љовидон устувору пойдор мемонд».

Дар њавои ин гуфтаи воќеъбинона метавон ќазоват кард, ки агар Мирзо Шукурзода пас аз тањияву тадвини китоби гаронарзи-шу пурмояи «Тољикон дар ќаламрави Ори-ёно» дигар эљодкорие њам намекард, дар адабиёти тољик соњибному ќоиммаќом ме-монд. Ин китоб, ки батакрор нашр гардиду њаводорони зиёд пайдо кард, шиносномае дигар (дар шумори «Намунаи адабиёти тољик»-у «Тољикон») шуд барои миллати тољик ва бори дигар ба гунаи хеле љиддиву

даќиќу ќотеъу њадафманд аз њастии пуриф-тихор, аз забону фарњангу адаби дерину ѓаниву бегазанди халќи тољик паёмрасон ба љањониён гашт.Китобњои дигари М.Шукурзода низ

(«Љонпайванд», «Њамосаи родмардони Хуросон», «Азамати кўњистон», «Размо-варони Њиндукуш» бисёр навоварона-ву таваљљуњбарангезанд, сухани тозаву муњиманд дар адабиёти тољик.Ва аммо њадаф аз ин маќола ибрози су-

хане чанд перомуни китоби тозаи ин адиби соњибмањорат - «Тўшаи умри падар» аст, ки соли равон тавассути нашриёти «Адиб» ба чоп расид. Ин китоб аслан асари ёд-доштист ва дар заминаи њаводиси овони кўдакию љавонї ва дидаву шунидањои му-аалиф навишта шудааст. Ёддоштнависї дар адабиёт равияи маъ-

мул аст ва хонандагони тољик асарњои зиёди ёддоштиро рўи даст доранд. Аммо М.Шукурзода ба анъанаву хусусиёти эљодии хеш содиќ монда, дар њамин равияи маъмул низ тозакорї кардааст ва китоби ёддоштњояшро ба сабку услуби навин ва шеваи навишти вижа офаридааст. Муаллиф њикмати зиндагї ва сабаќи гузашти айёмро њини нигориши ёддоштњояш дар мадди ав-вал гузоштааст ва риштаи пайванде байни фалсафаи зиндагии дењотиёни кўњистон ва муњтавои осори адабии ниёгон (ба вижа, «Маснавии маънавї») дарёфтааст ва ин њолат сухани ўро, асарашро рангу тобиш, сабку услуб ва таъсирмандии хосае эњдо намудааст. Дар оѓози китоб руљўи фарово-ну бамаврид ба андарзномањои родмардо-ни адабиёти тољик мешавад ва бад-ин васи-ла таъкид мегардад, ки мурод аз њама гуна асари адабиёт, пеш аз њама, њикмату ибрат омўхтан, ба њаводиси зиндагї бо чашми дил

назар афкандан аст. Дар нахустсафњањои китоб соњибќалам менависад: «Њадафи банда аз нигориши ин хотирот њофизаи таърихии гузаштаи на чандон дурро нигоњ доштан ва аз ин таърихча оина сохта, дар рў ба рўйи насли ѓофилу худбохтаи имрўз гузоштан буд, ки дар ин оина чењрањои бо нуру илоњї зинатёфтаи ниёкони худро, ан-даке њам бошад, бубинанд, бо худ ва дигар пањлўнишастагонашон ќиёс бикунанд…»Худ рисолати оливу азалии адабиё-

ти асил њикмат омўзондан, одамонро ба љодањои ростин њидоят кардан ва њушдор додан аст, ки «Њар кї н-омўхт аз гузашти рўзгор, Низ н-омўзад зи њељ омўзгор». На-висандаи «Тўшаи умри падар» нигаронї

аз фарсуда гардидан ва аз байн рафтани асолати инсонї дар насли навин аст ва кито-би хешро як навъ даъват ба хештаншиносию ибратпазирї ва посдории анъанањои неки ниёкон медонад ва бо њамин нияти нек «озими сайри сулу-ки дилњо» мешавад.Асли ёддоштњои нависанда

бо тасвири њасратбору муасси-ри њодисаи марги Бобо, ки аз љигарбандони муаллифи ки-тоб асту шахсе фозилу ориф, шурўъ мегардад. Марги шахси ба дил наздик ва саропо фаз-лу хирад «на корест хурд» ва њамагонро синачоку ѓамбемор мекунад. Аз љониби дигар, даргузашти чунин ашхос худ њикматеро низ дорост, ки њон, бидонеду огоњ бошед, ки пирони хирад ѓаниматанд, эшонро арљгузорї бояд кард ва њар чї бештар об аз чашмаи маърифаташон бояд нўшид. Образи Бобо дар китоб љолибу љозиб ва омўхтанист. Ў шахсест њалиму мењрубон, соњибхираду порсову сўњбаторо, китобдўсту боназокат ва рањнамову дастгири њамагон. Њама ама-лаш, њар як њарфу њиљояш ибратомўз аст. Хонанда аз њаводиси рўзгорони ноњамвори Бобои арљманд њикмати бисёр хоњад андўхт ва љањони ботинии хешро мунаввартар хоњад кард. Ба ин гуна манзарањои њаёти симоњои дигари китоб низ (падари муаллиф ва пай-вандону атрофиёни хонадони ў) шоистаи таваљљуњ ва манбаи ибратпазирист. Инњо њама инсонњоеянд, ки бо дили софу бекина, мутобиќ ба ќавоиди шариат зиндагї «дар миёни чор девори баланд кўњњо» доранд ва чунон ки муаллиф бо эњтирому эътиќод ва њиссиёти баланд нидо дармедињад, «ин

ќадар самимї беолоиш ва табиї аст дидору суњбати кўњнишинон!» Ва китоби «Тўшаи умри падар» дар маљмўъ мањфили гарму гуворо ва андарзбору маърифатрезеро ме-монад бо ин кўњдилони кўњнишин. Ба шаро-фати ин мањфил хонанда дар баробари панду њикмат андўхтану љањони маънавии хешро ѓановат бахшидан бо бисёр расму оин, анъа-на ва маъракањои мардуми покизанињоди кўњистон ошно мешавад ва мамнуну мафтун мегардад.Дар китоби «Тўшаи умри падар» ситои-

ши китоб (ба василаи образи Бобо) ва си-тоиши модар (њамбаста бо образи модари муаллиф) мавќеи шоиста пайдо кардаву ањамияти асарро ба маротиб афзудааст.

Он нукта њам сазовор ба таъкиди махсус аст, ки ин асари Мирзо Шукурзода низ чун дигар нигоштањояш бо забони сањењу фасењ, ра-вону пуробуранг ќаламї шудааст ва дар ин маврид худ нахустљумлаи китоб ме-тавонад далеле бидуни шарњ бошад: «Њини таълифи ин ёддоштњо њар замон панљаи фикри махдушу маѓшуше бар торњои эњсосоти банда шабехун мезад ва лашка-ри шакку шубњаро бо дили ошуфтаам ба набарди рўёрў мехонд». Њамчунин, бо му-

толиаи китоб хонанда бо як даста вожањои ноби забони мардуми кўњистон, ки чанде аз ин вожањоро метавон дар забони адабї корбаст кард, ошно мешавад ва захираи луѓавии хешро такмил мебахшад. Дар «фањми дуруст»-и китоби «Тўшаи умри падар» пешсухани Нависандаи халќии Тољикистон, устод Сорбон ба он хонан-дагонро мададгор хоњад буд. Бо эътиќоду эътироф ва воќеъбинона навишта шудааст ин пешсухани шоиста.Китоби хубро кас сабук мутолиа меку-

над, аз хонданаш лаззат мебарад, бањра мебардорад ва хоњише андар дилаш гул мекунад, ки ин гуна китоб бардавом боша-ду бардавом. Аз мутолиаи китоби мазкури адиби хушзавќу хушсабк Мирзо Шукур-зода низ дар дили њар хонандае беихтиёр хоњише чунин пайдо мешавад ва таскин-бахш он аст, ки дар хотимаи китоб омада: Поёни китоби аввали ёддоштњо.

Абдурауф МУРОДЇ,«Омўзгор»

«дар миёни чор девори баланди кўњњо»

ЊАМБАСТАГЇ

Мањфиле

Аз назари устод Ќаноат, маљмўањои “Ёддоштњои як хоб-гард” ва “Яксара Бадахшонам бо ту” офаридањое њастанд сода ва мураккаб. Ба як чашмандоз аз он чизи асосиро наметавон бардошт. Дар усули сюриализми љадид дар шеваи хаёлї ба кор омадааст. Чун аз унвони “Ёддоштњои як хобгард” бармеояд, дар ин навъи шеър на аз воќеияти мављуда, балки аз рўъёњо ва њолатњои ра-вонии як хобгард (лунатик) бояд сухан гуфт. Њар касе, ки аз ањволи хобгардон андаке хабар дошта бошад, имкони дарки асрори ин ашъорро дорад. Маълум ки ги-рифторони ин дард шабњангом аз рўйи як расан аз болои дарё ва ѓорњои бебун мегузаранд, дар њоле ки онњо ин корро рўзона кар-да наметавонанд.Ќањрамони лирикии шоир

мегўяд:Ман он хобгард, он хаёлоти

порин,Аз он кўњњо, обњои намодин.Навиштам, сурудам, шунидам,

шунуфтамВа дар Нил дар “Боѓи Бобул”

шукуфтам.Шоир ин сайри хобгардро ба

Албурз, Помир ва Панљшер ме-барад:Маро бурд, мебурд, мебурдВа шаб дар камингоњи хуршед

афсурд.Маро дарнавард, эй шафаќ, эй

шаќоиќ, Маро дарнавард, эй насими

њаќоиќ!Ман ин дарра, ин кўњро

мешиносам,Ман ин киштї, ин Нўњро

мешиносам.Танњо хонандаи нозукбинро

аён аст, ки “камингоњи хуршед” маконест, ки замоне Масъуд ка-мин мегирифт! Ва “ин киштиву ин Нўњ”, ки хобгард мешиносад, наљотбахши миллат Масъуд бо-шад!Хонанда дарк мекунад, ки ин

њама ашъор дардест, ки гўяндаи он дар маѓзи љон парваридааст. Аён аст, Латифи Пидром на-

мояндаи наслест дар Афѓонистон, ки бачагї надидаанд. Воќеан, агар мо ба умќи ашъори ин шои-ри миллатдўст расем, ин маъниро дуруст дарк мекунем. Бубинем, ки ин китоби пур аз эњсосоти љавонмардї бо чї шеъре хотима меёбад:

...Дар ќандоќи санг ин љо зода шудаастЉавон!Рў дар рўи мо Раќиби њазор шањзода аст.Бубинедаш,

Озодиро ба чї валъае нафасмекашад!

Нохудои дарёборњои муќаддасЊамакнун њарифи тўфонњои

сахт астБо дастони кўчакашИн писар.Бигзоредаш,Бигзоредаш,То худ аз он љое, ки мехоњад,

ба боло барояд.Сардори ояндаи љањонро

таљрибае инчунин бояд!Дар ин њамоиши хотир-

мон Муъмин Ќаноат, Шари-фи Исрофилниё, Њаёт Неъмати Самарќандї, Худої Шарифов, Аскар Њаким, Абдулњамиди Са-мад, Гулрухсор, Низом Ќосим,

Ато Мирхоља, Хосият Вализода ва дигарон дар њаќќи ашъор ва шах-сияти Латифи Пидром суханњои нек гуфтанд. Худи шоир дар анљом гуфт, ки Тољикистон барои њар як тољиктабори Афѓонистон хонаи умед буду њаст. Солњои барои миллати Афѓонистон ваз-нин Шери Панљшер ин љо раф-туомад мекард, мо дар баробари зодгоњамон Тољикистонро Ватан мењисобидему ба осони рафтуо доштем. Ба хотири азхуд кардани осоре, ки дањсолањо уламову уда-бои Тољикистон офаридаанд, зум-рае, аз љумла банда, хати сирилик омўхтаем. Барои равобити илми-ву адабї, барои боз њам наздик-тар гардидани мардуми ду соњили Ому минбаъд корњоеро бояд анљом бидињем. Масалан, яке аз роњњои сањлу осон дар мактабњои Афѓонистон дар баробари хати порсї, њељ не, њафтае як соат љорї кардани хати сирилик аст. Мо ба донишу китобњое, ки дар Тољикистони азиз анбошта шу-дааст, ниёз дорем. Барои баргар-дониши ин њама китобњо солњои тўлонї лозим мешавад, барои аз-худ кардани хати сирилик бошад, њамагї чанд моњ кифоят мекунад. Њозирин ба суханронии шоир бо кафкўбї њамраъйї изњор наму-данд.

Марямбонуи ФАРЃОНЇ, “Омўзгор”

Дар љодаи озодї ва озодандешї

афсурд. њама ашъор дардест, ки гўяндаи

Page 15: Omuzgor #50 2013

№ 50, 13 декабри соли 2013 15ОМЎЗГОР

ИНФОРМАТИКА

РАНГОРАНГ

Солњои 1984-1990 ислоњоти охирини мактаби тањсилоти умумї бояд анљом меёфт.

ЁДБУД

НАВНИГОР ТАЉРИБА

Одами беазму талош мо-нанди кўлест, ки обаш бўй гирифтааст.

ХХХШароб њусни сирати

инсонњоро мањв месозад.ХХХ

Шахси ноумеду рўњафтода, ки умри худро бо шикояту заифнолї бар-бод медињад, шабењи паран-даи бепару бол аст.

ХХХБойтарин инсон онест, ки

диле дорад бо як љањон ишќ.ХХХ

Иродатмандон кайњо ба ќуллаи умед расидаанд, беиродањо аз давру замон меноланд.

ХХХЊамаи одамон: зишту бад,

хубу накўкор аз шири сафе-ди модар нўш кардаву дар оѓўши маъбадмонанди вай бузург шудаанд. Гањвораи касе аз осмон наомадааст.

ХХХШахси нобино ними одам

аст.ХХХ

Ќалб мисли булўр аст.

Агар ўро сахт такон бидињї, шикастанаш мумкин.

ХХХОдамизод њамеша аз дум-

боли орзу мегардад. Дареѓо, ки дар ин умри кўтоњ басо орзуњои худро љомаи амал напўшонда, олами дударро тарк мегўяд.

ХХХСукут шабењи сабр дар

баъзе маврид аломати хуш-бахтист.

ХХХСаркўб кардани бузургон

аз њамияту хиради шоњон на-буда, василаест бањри ќасосу кина гирифтан.

Мавзунаи МЕЊРИДДИН, хонандаи гимназияи №2,

шањри Душанбе

АндешањоБобоям аз Ванљ омадАз макони ганљ омад.Як мањ ў бо мо набуд,Бе дарду бе ранљ омад.

Як моњ он љо дам гирифт.Худро дур аз ѓам гирифт.Бобом зеботар шудаст,Чун садбарги тар шудаст.

Зардолуву тут овард,Чормаѓзу ќурут овард.Себњои рангоранг,Олуву муруд овард.

Бобом надорад асо,Ќадду ќоматаш расо.Кони насињат аст ў, Китоби њикмат аст ў.

Ў бе айнак мехонад,Њатто, мошин меронад.Дар мањфилу дар хонаЎ мехонад тарона.

Бобом марди худодод,Дорад хонаи обод.Зиндагишон бо бибимМисли арўсу домод.

ЗиёратуллоњиНАРЗУЛЛО

Барои бобоям

Яке аз намудњои хеле самаровару муњими корњои хаттї бањри мусоидат ба инкишофи нутќи хонандагон ин-шои хурд мебошад. Ин намуди кори хаттї ваќти зиёдро талаб намекунад ва њамагї чанд лањзаи дарсро фаро мегирад. Иншои хурдро метавон њафтае як маротиба навишт. Кўшиш бояд кард, ки барои иншо матнњои мувофиќ ва пурмазмуну дорои хусу-сияти тарбиявї ва аз лињози таркиби луѓавї ѓанї мавриди истифода ќарор гиранд. Нахуст матни интихобшуда ду-се маротиба ба хонандагон (дар синфњои 5-6) хонда мешавад. Баъди иљрои кор шогирдон навиштањои худро ба навбат ќироат мекунанд ва нисбат ба иншои њамдигар изњори аќида менамоянд, ѓалатњои содиршу-даро якљо ислоњ мекунанд. Таљриба бозгўи он аст, ки барои иншоњои хурд

бењтараш ба хонандагон бањо гузош-та нашавад. Зеро дар сурати бањо гу-зоштан шогирдон аз бими бањои паст гирифтан дар ќироати иншои худ ва дар бањси муњокимаи навиштањои њамдигар то љое нофаъол мешаванд. Аз тарафи дигар, онњо (синфњои 5-6) њанўз ќоидањои имлои забони русиро чандон хуб азхуд накардаанд.Як машѓулиятро аз дарси забони

русї дар синфи 5 мисол меорем. Дар ин синф њангоми гузаштани мавзўи сифат оид ба мавзўи «Фасли зими-стон» аз иншои хурд истифода меба-рем. Пешнињод мешавад, ки дар ин мавзўъ бо истифода аз сифатњои ман-суб ба зимистон иншои хурд навишта шавад. Хонандагон бо шавќ ба на-виштан машѓул мешаванд ва њар яке мекўшад, ки бештар сифатњои хоси зимистонро дарёфт намояд. Сипас, чанде аз хонандагон

навиштањои худро ифоданок мехо-нанду шарњ медињанд ва мулоњизањои њамсинфонашонро мешунаванд.Хонандагоне, ки дар ваќти

људошуда ба навиштани иншои хурд муваффаќ намешаванд, бо иљозаи омўзгор ин корро дар хона (илова ба вазифаи хонагї) иљро менамоянд.

Зевар ЃОЛИБШОЕВА, омўзгори забон ва адабиёти руси мактаби №54-и шањри Душанбе

Иншои хурд ва инкишофи нутќ

Яке аз намудњои хеле самаровару

бтзгдњАњч

рис

Дењаи як замон хурди Ѓончї дар рўзгори мо ба шањраки зебо, гулпўш озодаю ороста табдил ёфта, маркази маъму-рии ноњияи Ѓончист. Дењаи Ѓончї ба мисли ди-

гар ноњияњои кўњии Устрўшан (Истравшан) сарнавишти аљибе дорад. Мардуми ин диёр аз замонњои куњан асосан ба боѓдорию токпарвар, касбу њунар ва бозоргонї, савдо ва тиљорат машѓул будаанд. Оид ба сарнавишти номи

Ѓончї дар сарчашмањои ки-тобии пешина баёноте сабт нашуда бошад њам, вале бо-шандагони дењаи Ѓончї номи диёри худро аз калимаи «Ѓунљї» медонанд. Гўё, ода-мон аз мавзеъњои гуногун ба ин љо омада, ѓун шуда мондаанд. Аммо баъзе њолдонњои торихи гузаштаи ин номљойро «хончї»

маънидод намуда, гўянд, ки он аз бахши «хон» (дастар-хон, нозу неъмат) ва пасванди -чї таркиб ёфтаасту маънояш «манзилу љойгоњи мардуми мењмоннавоз» аст. Гурўњи ди-гар маънои номи «Ѓончї»-ро аз калимаи «ѓунча» ва бархе аз «хончї», ё худ «хонча», ки гўё маънои «хонигарии хурд»-ро дошта бошад мењисобанд. Ин-чунин дар лањљаю шевањои за-бони тољикї калимаи «хонч» њамчун истилоњи полизкорї кор фармуда мешавад. Дар њаќиќат мардуми «Ѓончї» боѓу токпарвар буда, ангури сершар-бати ин мавзеъ дар ноњияњои гирду атроф шуњрат дорад. Чу-нин маънидод њама тафсирњои сунъї ва эњтимолианд, албат-та.

А.АБДУНАБЇ

АСРОРИ ВОЖАЊО

Ѓончї(Охираш. Аввалаш даршумораи гузашта)

Аз чап ба рост:1. Њаммаънои вожаи та-

шаккур. 4. Боду њавои фо-рамро гўянд. 7. Навъи яроќи шикорї. 9. Дурдикаш. 11. Шањри ќањрамон. 12. Муро-дифи сокит. 14. Муаллифи «Капитал». 15. Хаттот. 17. Нишонии ин ё он идора, ки муайянкунандаи сифати мол аст. 18. Љойи нигоњдории моли майда дар кўњистон. 19. Синоними вожаи њамеша.Аз боло ба поён:2. Љонвари обї. 3.

Исми Нависандаи халќии Тољикистон. 4. «… - ун – алайк, эй љафодида ёр, Чу-нонию чун аст ањволи кор?» (Анварї). 5. Алафи бањории хўрданї. 6. « … номарасонам мебарад». 8. Њарфи алифбои ниёгон. 10. Њаммаънои хон-дан. 12. Тамѓаи мошини сабу-крави хориљї. 13. Германияро њамин тавр ном мебаранд. 14. Њаммаънои тамрин. 15. Љинсият. 16. Закариёи … .

Мураттиб Њотами ЊОМИД

Муаммои «Ќироат»

Њайдар Алиев сиёсатмадори ши-нохтаи асри 20 – и собиќ Иттињоди Шўравї буда, њамчун роњбари Озарбойљон бањри пешрафти соњањои мухталифи кишвараш хиз-мати босазо кардааст. Вай бештар аз чил сол дар сари иљрои вазифањои пурмасъулият ќарор дошт.Аз вафоти Њайдар Алиев дањ

сол сипарї гардид. Сафорати Љумњурии Озарбойљон дар Љумњурии

Тољикистон њамасола 10 – уми декабр рўзи хотираи ўро таљлил менамояд. Чанде пеш Сафоратхонаи Љумњурии Озарбойљон дар Тољикистон ба ин муносибат бо иштироки ањли илму фарњанг, сиёсатмадорон, олимону шоирон, рўзноманигорони вата-нию хориљї њамоиш баргузор на-муд. Сафири Љумњурии Озарбойљон Аббосалї Њасанов аз мавќеи ў дар сиёсати дохилию берунии кишвараш њикоят кард. Њамчунин, њашт кито-би ба забони тољикї тарљумашудаи нависандаи шинохтаи Озарбойљон Элмира Охундова ва адиби рус Нико-лай Зинкевич дар тарљумаи адибони тољик Гулназар Келдї, Ато Њамдам, Истад Ќосимзода, Мањмадшарифи Рустам, Мирзо Кенља, Марям Дав-латова муаррифї гардид. Асарњои мазкур тавассути нашриёти «Адиб» ба зевари табъ ороста шудааст.

Њотами ЊОМИД, «Омўзгор»

Бузургдошти Њайдар Алиев

Аз 2-юми сентябри соли 2010 Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Бар-номаи давлатии компютерку-нонии муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2015» ба тас-виб расидааст. Дар Барномаи мазкур љињати таъмин намудани муассисањои таълимї бо техникаи компютерї, ташкил намудани марказ ва бахшњои хизматрасонї, бахусусан пайвастшавї ба шаба-каи Интернет зикр гардидааст. Тибќи Барномаи дар боло

зикргардида раёсат ва шуъбањои

маорифи шањру н о њ и я њ о и љумњуриро лозим аст, ки дар њамкорї бо маќомоти иљроияи мањаллии њ о к и м и я т и д а в л а т ї , соњибкорону сар-парастон ва дигар ашхоси саховат-пеша масъалаи ба шабакаи Интернет пайваст намудани муассисањои таълимиро њарчї бештар њаллу фасл намоянд.Њаминро бояд ќайд намуд, ки

бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон муассисањои таълимї бояд бо хати озоди барќ таъмин бошанд ва дар ваќтњои зарурї барои гузаронидани дарсњои технологияи информатсионї аз генераторњо истифода баранд. Аз ин лињоз, аз кордонию роњбарии маъмурияти муассисањои таъ-лим вобаста аст, ки аз имконияту

воситањои дар боло зикргардида самаранок истифода баранд ва њарчї зудтар муассисањои таъли-миро бо неруи барќ таъмин на-моянд.

Фарњод РАЊМАТУЛЛОЕВ,сармутахассиси шуъбаи ха-

дамоти методии тањсилоти олї ва баъдидипломии МЉТМ назди

ВМИЉТ,Мањбуба ЌУРБОНОВА,

муовини директори мактаби тањсилоти миёнаи умумии №77-и

ноњияи Фирдавсї

Аз 2-юми сентябри соли 2010

манљуасбоиљњдсопаашпе

Интернет-манбаи иттилоот

Page 16: Omuzgor #50 2013

№ 50, 13 декабри соли 201316 ОМЎЗГОР

Суњбати љонпарвар аст суњбати «Омўзгор»

Муассис: Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон

Сармуњаррир: Ноилшо НУРАЛИЕВ

Њайатитањрир:

Н.САИДОВ, Ф.РАЊИМОВ, Т.МАЊМАДОВА, Ф.ИСМОНОВ, А.РАЊМОНОВ, М.САЙФИДДИНОВ, А.МУРОДЇ (љонишини сармуњаррир), М. РУСТАМ (котиби масъул)

Почтаи электронї: [email protected]Сайти њафтанома: www.omuzgor-news.tj

Суроѓа: 734024, ш.Душанбе, к.Нисор Муњаммад, 13а. Телефонњо: ќабулгоњ – 221-63-36, љонишини сармуњаррир – 227-36-29, котиби масъул ва шуъбањо – 227-25-49

Њафтанома дар Муассисаи ХЊЊФ «Мушфиќї» ба табъ расидааст. | Индекси обуна – 68850 | Адади нашр: 29 435 нусха | Тарроњ: С. Ниёзов | Њуруфчинон: О.Љабборова ва Ш. Зафарзода

«Омўзгор» дар Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон тањти раќами 21Р – 405 19.12.2000 сабти ном шуда, тањти раќами 0018/рз, аз 14.09.2007 дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон аз нав номнавис гардидааст. Нашрия ба хотири чандандешї маводе низ ба табъ мерасонад, ки идораи њафтанома метавонад бо муаллифон њамфикр набошад ва барои онњо масъулият ба уњда нагирад. Дастхатњо ва суратњо ба муаллифон баргардонида намешаванд.

ОМЎЗГОР

ХАНДАРЕЗПАНЉ ЛАТИФА

АНЉОМ

Ду марди ширакайф ба њам вомехўранд.Марди якум:- Занам маро куштанї

аст.Марди дуюм:- Инро чї хел фањмидї?Марди якум:- Ман дидам, ки ў бо

шавќи зиёд китоби «Чї тавр паразити хонаро нест бояд кард?»-ро мехонад.

ХХХШахсе файласуфвор

ќазоват мекард: - Мардњо

чун кўдаконанд: агар зана-шонро бист даќиќа наби-нанд, доду фиѓон мекунанд, агар ду њафта набинанд, фаромўш мекунанд.

ХХХ- Мардак, шумо шабњо

хуррок мекашед.- Не, занак, хуррок наме-

кашам, дар хобам мотосик-лрониро машќ мекунам.

ХХХСубњи барваќт зан

шавњарашро бедор карданї мешавад:

- Бархез, соати деворї занг мезанад.Мард хоболуд љавоб

медињад:- Ба ў гўй, ки ман худам

дертар занг мезанам. ХХХ

Ду рафиќ ба њам вомехўранд.

- Шунидам, ки бо занат як њафта боз гап намезадаї.

- Мо ќањрї шудем.- Кори наѓз нашудааст.- Баръакс, як њафта шуд,

ки дар хона тинљию оро-мист.

Маъмурият ва коллективи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ЉТ ба ходими илмии озмоишгоњи генети-каи растанї Н.Камолов нисбати

вафоти МОДАРАШ, ба ходими илмии озмоишгоњи ге-

нетикаи растанї Ф.Њ.Бобољонова нисбати вафоти бародараш БОБОЉОНОВ Пўлодљон,ба муовини директори инсти-

тут оид ба корњои хољагидорию маъмурї К.Салимов нисбати

вафоти БАРОДАРАШ, ба мудири пойгоњи набото-

ти кўњии Варзоб (Кондара) Ќ.Партоев нисбати вафоти

падарашСАЛИМОВ Њољї Партовалї андўњгин буда, ба ањли оила ва

пайвандони марњумон њамдардї баён менамоянд.

Кормандони дастгоњи Вазорати маориф ва илм, Кумитаи иттифоќи касабаи маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ба ректори Донишгоњи давлатии омўзгории Кўлоб Табаров Абдулло бинобар вафоти МОДАРАШ њамдардии амиќ баён

менамоянд.

Раёсат ва њайати омўзгорону кормандони Донишгоњи давла-тии Кўлоб ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї ба ректори донишгоњ, доктори илмњои физика-математика, профессор Табаров Аб-дулло Њабибуллоевич нисбати даргузашти МОДАРАШ изњори њамдардї намуда, ба хешу табор ва наздикони марњум изњори

њамдардї менамоянд.

Кумитаи иттифоќи касабаи маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, Кумитаи иттифоќи касабаи маориф ва илми ВМКБ ба сармуњосиби Кумитаи иттифоќи касабаи мао-риф ва илми ВМКБ Мењрубоншо Исроров бинобар вафоти

ЊАМСАРАШ њамдардии амиќ баён менамоянд.

Кормандони эљодии њафтаномаи «Омўзгор», маљаллаи «Маъ-рифати омўзгор», шуъбаи маорифи ноњияи Восеъ ба мушовири кабинети методии шуъба Табаров Њабибулло бинобар вафоти

ЊАМСАРАШ изњори тасаллият мекунанд.

ЭЪТИБОР НАДОРАДШањодатномаи гумшудаи хатми

мактаби тањсилоти асосии умумии №148309, ки онро соли 1994 мактаби №11-и шањри Душанбе ба Одинаева Хосият додааст, эътибор надорад.

Шањодатномаи гумшудаи А №257363, ки онро соли 1996 макта-би №11-и ноњияи Варзоб ба Табаров Рањматулло Абдуллоевич додааст, эъ-тибор надорад.

Шањодатномаи гумшудаи №744214, дар бораи хатми синфи 8, ки онро мак-таби №5-и ноњияи Љомї ба Абдулоев Мирзоњодї Мирзоѓаниевич додааст, эътибор надорад.

Шањодатномаи гумшудаи АБ № 232141, ки онро соли 2001 мактаби №45-и ноњияи Варзоб ба Холов Шоњин Муќадасевич додааст, эътибор надо-рад.

Мансаб: Баќайдгиранда (120 вазифа)Муддат: 45 (чилу панљ) рўз, бо имкони тамдид.Макони иљрои вазифа: ш. Душанбе - 36 нафар, ш-к. Рашт - 6 нафар,

ш. Кулоб -18 нафар, ш. Ќўрѓонтеппа -18 нафар, ш. Хуљанд - 36 нафар, ш. Хоруѓ 6 нафар.Барои ташкили баќайдгирии довталабон Маркази миллии тестї

дар маркази вилоятњо нуќтањои баќайдгирї таъсис медињад, ки дар њар яки онњо то 4 стансияи баќайдгирї - бо таносуби 4 баќайдгиранда барои як нуќтаи баќайдгирї ва як баќайдгирандаи иловагї фаъолият хоњанд кард. Барои идора кардани раванди баќайдгирї дар нуќтањои таъсисёфта Маркази миллии тестї роњбари нуќтаи баќайдгириро та-ъин менамояд. Вобаста ба ин, Маркази миллии тестї барои интихоби

баќайдгирандагон озмун эълон менамояд. Баъди омўзишњои 2-рўза, кормандони таъингардида барои баќайдгирии довталабон масъуланд: Аз љумла, дастрас намудани маълумоти зарурї ва ворид намудани онњо ба пойгоњњои маълумот барои гузаронидани имтињонњо/тестњо.

Талаботи тахассусї:• доштани маълумоти олї ё олии нопурра;• таљрибаи корї дар соњаи маориф афзалият дорад; • малакаи зарурии корї бо воситањои барномавї-идоравии

технологияњои иттилоотї-коммуникатсионї: ноутбук, веб-камера, принтер, шабакањои мањаллї, флеш-хотира, барномањои офис ва дастаи барномањои коркарди электронии њуљљатњо;

• озодона донистани забонњои тољикї ва русї.Барои иштирок дар озмун довталабон бояд њолнома (CV) - бо

забонњои русї ва англисї ва нусхаи шиносномаро бо суроѓаи зерин пешнињод намоянд:Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестї” 734024, ш.Душанбе, кўчаи А.Дониш, 50Тел. (992-37) 222-17-02, 222-18-02. Факс: (992-37) 222-16-02.Суроѓањои электронї: [email protected], [email protected], mshonazarova@

mail.ru, [email protected], ва [email protected].Шахсони мутасаддї: Љ. Мирзоев (МДММТ), Э. Шамсов - 918 65 05 30

(ш.Душанбе ва НТМ), М. Шоназарова - 98 733 68 76 (ВМКБ), Б. Розиќов - 98 707 19 64 (вилояти Суѓд), Р. Халилов - 918 49 15 14 (вилояти Хат-лон).Интихоб тавассути сўњбат сурат мегирад.Муњлати нињоии пешнињоди дархост барои иштирок: 27-уми декабри

с.2013 то соати 16:00.

Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестї” Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестї»

Бо маќсади бењдошти сифати маълумо-ти бисёрзинаї дар Љумњурии Тољикистон, дар заминаи консепсияи миллии тестї Њукумати Љумњурии Тољикистон Марка-зи миллии тестиро таъсис дод. Вазифаи асосии Марказ ин ташкил ва гузарони-дани тестњо љињати арзёбии сатњ ва си-фати маълумоти хонандагони мактабњои миёна, имтињонњои хатмкунї, њамчунин имтињонњои дохилшавї ба мактабњои олї мањсуб мегардад. Фаъолияти Марказ аз њисоби воситањои буљети давлатї ва Гран-ти Федератсияи Россия, ки аз љониби Бон-ки Умумиљањонї идора карда мешавад, маблаѓгузорї мегардад. Вобаста ба ин, Маркази миллии тестї

барои тафтишгарони корњои хаттї – ин-шои хурд (эссе) озмун эълон менамояд. Тафтишгарони корњои хаттї дар тафтиш ва холгузорї ба иншои хурд (эссе)-и на-виштаи довталабони соли 2014 масъул мебошанд. Барои тафтишгарони корњои хаттї дар давоми моњњои январ ва июни соли равон семинар гузаронида мешавад. Давраи фаъолият аз 2-юм то 16-уми июли соли 2014.

Талаботи тахассусї:• маълумоти олии педагогї;• таљрибаи кории на камтар аз 5 сол дар

муассисањои тањсилоти миёнаи умумї ва тањсилоти олии касбї (ва ё дар дигар му-ассисаи соњаи маориф) ба сифати омўзгор ё мутахассиси фанњои забон ва адабиёти тољик;

• Ќобилияти зуд аз худ кардани тартиби тафтиши иншои хурд (эссе);

• Ќобилияти дарки услуби матн, дуруст бањо додан ба матн ва даќиќ будан дар ѓалатгирї;

• Ќобилияти кор кардан дар гурўњ ва дар шароити пўшида (махфї).

Барои иштирок дар озмун довталабон бояд њолнома (CV) бо забони тољикї ва дар-хост ба номи директори Маркази миллии тестї – Љаъфаров С.-ро ба суроѓањои зерин пешнињод намоянд: Барои омўзгорони шањри Душанбе ва

ноњияњои тобеи марказ:Муассисаи давлатии «Маркази миллии

тестї», ш. Душанбе, кўчаи Ањмади Дониш 50 (гардиши фурудгоњ)Тел./факс: +992 222-17-02; 222-18-02; (98)

732-25-24Суроѓаи электронї: [email protected] Шахси мутасаддї: Азимов ЉамшедБарои омўзгорони вилояти Суѓд:Шуъбаи минтаќавии ММТ дар вилояти

Суѓд, ш.Хуљанд, кўчаи Њаким Карим 16, тел.: (98) 707-19-64 Шахси мутасаддї: Розиќов Бо-зорбой.

Барои омўзгорони вилояти Хатлон:Шуъбаи минтаќавии ММТ дар вилояти

Хатлон, ш.Ќўрѓонтеппа, кўчаи Борбад 13, тел.: (918) 49-15-14 Шахси мутасаддї: Хали-лов РањмоналїБарои омўзгорони ВМКБ:Шуъбаи минтаќавии ММТ дар вилояти

ВМКБ, ш.Хоруѓ, кўчаи Иљубов Мамадато 234, тел.: (98) 733-68-76 Шахси мутасаддї: Шоназарова Мадина

Интихоби довталабон мувофиќи тартиб анљом дода мешавад.Мўњлати нињоии пешнињоди дархост ба-

рои иштирок: 5-уми январи соли 2013 то соа-ти 17:00 ваќти мањаллї.

Маълумоти бештар дар сомонаи Муасси-саи давлатии «Маркази миллии тестї» (www.ntc.tj) дастрас мебошад.

Эълон барои иштирок дар озмунитафтишгарони корњои хаттї

Тасњењ Дар сањ.1-и шу-

мораи гузаштаи њафтанома (№49, 6 декабри соли 2013) дар шеъри «Эњё» бо сабаби техникї ѓалат рафтааст. Мисраи дувуми байти панљум чу-нин хонда шавад: «Рўи авроќи Ватан маъно шудем».

Интихоби мушовирони мањаллї барои баќайдгирии довталабон